Дар ин шумора:
Эмомалӣ Раҳмон аз аввал Пешво буд
Дар моҳи рамазон «бизнес»-и лӯлиҳо гарм шуд
-
Дар масири Истиқлол
ХАТЛОН Саҳ.
2
3
Соли 90-уми нашр
Тоҷикистон, ба пеш!
Хате, ки се рӯз «сиёҳ» буд
4
№21 (3310), 20.04.2021
j t . a m o n z u r www.khatlon-
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Сафари раиси вилоят ба ноҳияи Панҷ
Барои 4854 ҷойи нишасти хонанда таълимгоҳҳо сохтаанд Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар вилояти Хатлон 284 миллиону 382 ҳазору 700 сомонӣ масраф гардидааст.
17 апрели соли ҷорӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ ташриф овард.
Тавре ки аз Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи мо иттилоъ доданд, бо нархҳои аслии ҷорӣ ин маблағ 51 дарсади ҳаҷми умумии маблағгузории вилоятиро ташкил медиҳад. - Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар вилоят барои 4854 ҷойи нишасти талаба мактаб сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4099 ҷойи талаба бештар мебошад, - қайд намуд сарчашмаи хабар.
Қурбон Ҳакимзода ба аёдати меҳтарон рафт
Н
ахуст, раиси вилоят дар деҳаи Қумсойи Ҷамоати деҳоти "Намуна" аз фаъолияти ҶДММ "Панҷрӯд Панҷ", ки ба парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм машғул аст, дидан кард. Соҳибмулки корхона Ҷамолиддин Зоҳидов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки феълан наздик ба 22 ҳазор сар парандаи навъи "Хайсес ҳувайт" дар ин ҷо парвариш мешавад. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои навоҳии Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар ба фурӯш гузошта мешавад.
Ҳар рӯз дар корхона ба ҳисоби миёна 1819 ҳазор дона тухми мурғ истеҳсол мешавад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини ноҳия ҷиҳати дастгирии соҳибкорон, аз ҷумла дар самти парандапарварӣ дастур дод. Ҷиҳати то ба 100 ҳазор сар афзоиш додани саршумори паранда, хуррамгардонии атрофи корхона, ба роҳ мондани системаи ҳаводиҳӣ дар дохили парваришгоҳ ба роҳбарияти ҶДММ "Панҷрӯд Панҷ" тавсияҳо дода шуд.
Аёдати меҳтарони меҳнат аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳукми анъана даромада, пайваста зимни сафарҳои кориаш ба шаҳру навоҳии вилоят анҷом дода мешавад. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадори меҳнат Анваршоҳ Раҷабов омада, аз шароити зиндагии собиқадор пурсон шуд. Анваршоҳ Раҷабов маълумоти олӣ дошта, ихтисосаш агроном аст ва собиқаи кориаш 44 солро дарбар мегирад. Собиқадор фаъолияти меҳнатиро аз соли 1959 оғоз намуда, сараввал ба ҳайси колхозчии колхози ба номи Калинин кор кардааст. Солҳои 19601965 донишҷӯйи Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Душанбе буд. Баъди хатми донишгоҳ сарагроном, котиби Кумитаи ҳизбии колхози ба номи Калинин, раиси Шӯрои деҳқонони қишлоқи Кулдимон, ҷонишини раиси колхози ба номи Калинин ва пасон раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Р. Бураков шуда кор намудааст. Заҳматҳояш бо мукофотҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Айни замон нафақагир буда, дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба парвариши картошка, помидор ва дигар зироатҳо машғул мебошад. Дар ҷараёни сафари худ раиси вилоят барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Назарова Муяссара омад. Муяссара Назароваи 66-сола беш аз сӣ соли умри бобаракати хешро ба табобати мардум бахшидааст. Ӯ аз соли 1983 то соли 2012 ба ҳайси мудири шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи сироятии ноҳияи Панҷ фаъолият карда, алҳол давлати пирӣ меронад.
98,3%-и шумораи қувваҳои кории вилоят дар иқтисодиёт машғуланд Шумораи қувваҳои корӣ дар вилояти Хатлон 938 ҳазору 100 нафар ҳисоб шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо 922 ҳазору 500 нафар (98,3%) дар соҳаи иқтисодиёт машғул ва 15600 нафар мақоми бекорӣ доранд. Шумораи дар рӯйихатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ба 477 ҳазору 400 нафар мерасад, ки 51,8 дарсади шумораи умумии аҳолии машғулро фаро мегирад. Теъдоди кормандони кироя дар шаклҳои моликияти бахши хизматрасонӣ имсол 4,9% афзуда, 148 ҳазору 900 нафарро ташкил медиҳад. Ёдрас мекунем, ки музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба 1115,43 сомонӣ баробар шудааст, ки назар ба моҳҳои январ-феврали соли 2020-ум 10,7 фоиз зиёд мебошад.
Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилоят Тибқи маълумоти расмӣ, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят 4059 тоннаро ташкил дод. Дар баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли гӯшт дар вилоят нархи он низ дар бозорҳо боло рафта, алъон як килограмм гӯшти гов дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Бохтару Кӯлоб 60-65 сомонӣ қимат дорад. Қобили зикр аст, ки тибқи ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ, саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят 89 ҳазору 6 сар, гӯсфанду буз 607 ҳазору 369 сар, паранда 636 ҳазору 919 сар ва асп 16 ҳазору 40 сарро ташкил медиҳад.
Дар Кӯлоб 637 иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёду азнавсозии 873 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи шанбе дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз корхонаи истеҳсолии нон ва маҳсулоти қаннодӣ дидан намуд.
К
орхонаи мазкур дар деҳаи Уртабулоқи Ҷамоати деҳоти "Меҳвар" воқеъ буда, дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст. Тавре ки иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии бино аз 0,16 га иборат буда, аз он зери сохтмон 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 1 ошёна ва 6 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 15 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст. Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бо арзиши 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст. Сохтмони корхонаи мазкур соли 2020 бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Соҳибов ва Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ оғоз гардида, соли равон ба истифода дода шудааст. Соҳибкор Ҷамшед Соҳибов бо ҷалби сармояи хориҷӣ (Россия) ва сарфи 1,1 миллион сомонӣ бунёди корхонаро ба анҷом расонидааст. Кор-
хона алҳол дар як шабонарӯз 1100 дона нон (хлеб) истеҳсол мекунад. Доир ба марҳила ба марҳила тавсеа додани фаъолияти корхона, роҳандозии истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ ба масъулон тавсияҳои судманд дода шуд. Зимни сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз бинои маъмурии Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми фаъолон ва аъзои ҳизб бунёд гардида истодааст, дидан намуд. Масоҳати умумии бино аз 0,4 га иборат буда, аз он зери сохтмон 78 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 2 ошёна ва 7 утоқи корӣ иборат мебошад. Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, рафти корҳои сохтмонӣ идома дорад. Ҳамзамон Қурбон Ҳакимзода аз бинои Қасри фарҳанги ноҳия дидан намуд. Қасри фарҳанг дар бинои собиқ кинотеатри «Киров», ки солҳои пеш сохта шудааст, ҷойгир буда, ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки барои таъмири бинои мазкур тамоми чораҳоро андешанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба духтури собиқадор барои фаъолияти бисёрсолаи намунавиаш изҳори сипос намуда, барояш саломатии устувору рӯзгори ободу осуда таманно кард. Раиси вилоят, ҳамзамон ба аёдати Аҳмад Давлатов рафт. Суҳбати Қурбон Ҳакимзода ва соҳибхона самимӣ буд. Аҳмад Давлатов аз ташрифи раиси вилоят шод шуда, аз давраҳои фаъолияти корӣ ёдовар гардид. Собиқаи кории Аҳмад Давлатов 54 солро дар бар гирифтааст. Ӯ баъди хатми техникуми милиявӣ-кредитии шаҳри Душанбе инспектори суғуртаи ноҳияи Ҷайҳун, инспектори бонки хоҷагии қишлоқи ноҳияи Панҷ, иқтисодчии Раёсати молияи ноҳияи Панҷ, раиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ ноҳияи Ҷиликӯл, сардори Комбинати коммуналии ноҳияи Панҷ фаъолият намудааст. Ба собиқадорони меҳнат туҳфаҳои раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода расонида шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Кӯлоб, то ин замон 637 иншооти ҷашнӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар ин миён корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, биноҳои фарҳангӣ, толору майдонҳои варзишӣ, биноҳои маъмурӣ бунёд гардидаанд. Айни ҳол панҷ гурӯҳи корӣ ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни умумимиллиро дар шаҳри Кӯлоб ҳамоҳанг мекунанд ва ҳар моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳисобот пешниҳод месозанд.
Содироти маҳсулоти саноатӣ аз Ёвон бештар шудааст Давоми соли ҷорӣ аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон ба миқдори 124 ҳазору 626 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 56 ҳазору 290 тонна семент ба хориҷи кишвар содирот гардидааст. Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, маблағи умумии сементи содиротшуда 78 миллиону 743,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вобаста ба вусъат додани содироти маҳсулоти истеҳсолӣ, дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои таҳпӯши кӯдакона ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад. Теъдоди корхонаи саноатии мавҷуда дар ноҳияи Ёвон ба 44 адад мерасад, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 25 адади он фаъолият доштанд.
Хабарҳои бештар дар WWW. KHATLON-RUZNOMA.TJ Чоршанбе, 21.04.2021
Шабона +12 +160 С Рӯзона +23 +260 С
Панҷшанбе, 22.04.2021
Шабона +11 +160 С Рӯзона +19 +240 С
Ҷумъа, 23.04.2021 Шабона +13 +160 С Рӯзона +22 +270 С
Манбаъ: www.meteo.tj
2
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Сешанбе, 20 апрели соли 2021, №21 (3310)
Меҳрнома
Эмомалӣ Раҳмон аз аввал Пешво буд
ватан буд. Дар солҳои 60-70-уми асри гузашта муносибати давлати СССР ва Хитой аз ҷиҳати сиёсӣ сард гашта буд. Аскарони флоти ҳарбӣбаҳрии уқёнуси Ором супориш гирифтанд, ки дар ба ҳолати муътадил овардани вазъияти тезутунди ҷазираи Даманск - байни сарҳади СССР ва Хитой мусоидат намоянд. Баъди ба эътидол омадани вазъият ба якчанд хизматчиён барои ҳушёриву зиракӣ ва садоқати бепоёнашон рутба доданд, ки дар байни онҳо Эмомалӣ Раҳмон низ буд. Ӯ рутбаи навбатии старшинаи калон ва Аълочии флоти ҳарбиро сазовор гардид. -Қобилият, чусту чолокӣ, сари вақт иҷро намудани супоришҳо, фаъолияти ташкилотчигиву пешвоии Раҳмонов Эмомалиро ба назар гирифта, номзадиашро ба аъзогии ҳизби коммунист пешбарӣ намуданд. Худи ҳамон сол ба курси шашмоҳаи макНеъматов – пулемётчӣ таби олии партиявӣ буд. Дар байнамон хисқабул гардид ва онро Ҳар вақте Ҷаноби Олӣ, Президенлати ташкилотчӣ доштасоли 1973 хатм нати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ни Эмомалӣ Раҳмон ба муд. Ин пешравие Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба зудӣ дар байни аскарону буд дар ҳаёти сиёсии шаҳри Норак меояд, ман беҳад шод меафсарон маълум гардид. ҳамхизмати мо. Давшавам. Дар маҷлисҳо даъватӣ мебоҲамин буд, ки командираи яксолаи санҷиш шам. Аз ҳоли якдигар мепурсем, рӯзҳои рон ӯро котиби ташкигузашт ва ҳамаи аъзои хизмати якҷояамонро дар уқёнуси лоти комсомолии бригабюрои қисми ҳарбӣ Ором ба хотир меоварем. Ба Пешвои да интихоб намуданд, ки дар ҳолати тантанавӣ миллат расми дукаса гирифтаамон, он аз 200 нафар маллоҳбилети ҳизби коммуинчунин мақолаи дар рӯзномаи округи ҷанговар иборат буд. нистро ба Эмомалӣ ҳарбӣ дар борааш чопкардаро бо расИнчунин, ба Эмомалӣ Раҳмон супоримаш ва тарҳи киштии зиреҳпӯш, ки Раҳмон рутбаи старшиданд. Дар маросими дар он хизмат мекардем, тақдим нанаро лоиқ донистанд. билетсупорӣ мичман мудам. Ҷаноби Олӣ расмро ба ҳозирин Лаёқати фитрӣ, Гришин - котиби ташкинишон дода, аз давраҳои хизмат бо фаъолияти корбарӣ, лоти ҳизби коммунисти шавқ нақл намуд ва ҷавононро ба хизкорномаҳояш дар бригада чунин гуфт: мати ҳарбӣ, ки дар баробари қарзи рӯзномаи “Байрақи сурх- “Шумо бо садоқати шаҳрвандӣ будан, боз оламу одам дидори флоти уқёнуси бепоён хизмати Модар дан аст, ҳидоят намуд. Аз суханони Ором” чоп мегардиданд. – Ватанро бо меҳру Пешвои миллат аҳли толор ба ваҷд Дар яке аз онҳо мухбир муҳаббати беандоза омада, гарму ҷӯшон кафкӯбӣ менамуЭ.Чайка чунин навишта зиёд нишон дода таданд. буд: “Комсомоли фаъол, вонистед. Бо боварӣ старшина Э. Раҳмонов гуфта метавонам, ки бо ҷашни нимасраи Комсочунин садоқатмандию моли Лениниро (ВЛКСМ) мардонагӣ ба ба таври фахрӣ пешвоз гирифт. Ӯ ба наздикӣ мартабаҳои олӣ мерасед. Ватан, халқ ба номзад ва аъзогии КПСС шуд. Аз рӯи ду ихтисос хизматҳои содиқона ҳамеша баҳои ҳаққонӣ мутахассиси дараҷаи якум мебошад. Хизматҳои медиҳанд”. содиқона ва намунавиаш бо нишонҳои «Аълочии Солҳо гузаштанд ва ин суханҳои командир флоти ҳарбии баҳрӣ» ва «Ҷанговар - варзишгар» Гришин ба ҳақиқат табдил ёфт. Бо дуои неки қадр гардидааст. волидайну мӯйсафедони деҳ Эмомалӣ Раҳмон Ин баҳои баланд барои хизмати содиқона ба
Руҷӯи Пирумшоҳ Хоҷаев, сардори муассисаи нақлиётии НБО “Норак”
Х
измат моро ба ҳам дӯст, рафиқ ва бародар намуд. Мо - ҷавонони 18-19 - сола, аз рӯйи ихтисосҳои азхуд кардаамон дар киштӣ адои вазифа намудем. Дар бронекатер
дар як ҳуҷраи киштӣ чоранафарон бо ҳам дӯсту рафиқи ҷонӣ шудем. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи ихтисос дар киштӣ электромеханик, ман - ошпаз (кок), Одина Ҳалимов - моторист, Ҳабибулло
Қабули сайёр раиси вилоят
Мушкилоти мардум ҳамеша дар мадди назар аст
Аз муроҷиати сокинони маҳал равшан гардид, ки имрӯз сокинони касбу кори гуногуни ноҳия нисбати ободонӣ, бунёди муассисаҳои тиббию таълимӣ ва коргоҳу нуқтаҳои хизматрасонӣ, таъмири роҳу пулҳо бетараф нестанд ва омодаанд, ки дар ин самт саҳми муносиби хешро гузоранд. Дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят бародари Тағоймурод Бегматови 58-сола кумак дархост кард. Худи ҳамон рӯз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсулоти ғизоӣ ва кумаки пулии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба маъюби гурӯҳи якум, сокини деҳаи Шакардашти Ҷамоати деҳоти "Нури Ваҳдат"-и ноҳияи Панҷ Тағоймурод Бегматов расониданд. Тағоймурод Бегматов барои ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ арзи сипос намуд. Пас аз шунидани арзу матлаби шаҳрвандон роҳбари вилоят ба масъулини соҳаҳои дахлдори вилоят ва ноҳия ҷиҳати роҳҳои ҳалли фаврии масъалаҳои матраҳгардида дастур доданд. Дар навбати худ раиси ноҳияи Панҷ З. Шоҳин доир ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузориш дода, аз ҷумла қайд намуд, ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ, маишӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ бо маблағгузории буҷетӣ, инчунин, бо саҳми сокинону соҳибкорон ва саховатмандон бунёд хоҳад шуд. Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ қабули сайёри раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид. Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аз ҷумла шаҳрванд Сироҷ Раҷабов оид ба норасоии об барои чарогоҳҳо ва аҳолӣ, баҳси андози заминҳои чарогоҳ, омӯзгор Аъзам Изомов оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд хоҳад шуд, хоҷагидор Бахтиёр Самиев оид ба барқарор намудани ҳавзи обтакшинкунӣ, инчунин, дигар шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, барои сохтмони варзишгоҳ, ки бунёди он бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон анҷом дода мешавад, норасоии оби нӯшокӣ, баҳси қитъаи замини зери роҳ, гирифтани саҳми замин аз хоҷагии деҳқонӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва бо дигар матлабҳо муроҷиат намуданд.
Ворух хоки поки Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Ч
анд муддат аст, ки дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба изҳороти намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки мехостаанд Ворухро бар ивази баъзе аз заминҳо ба Қирғизистон ҳамроҳ кунанд, баҳсҳоро ба миён овардааст. Агар ба андешаҳои таърихшиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон ва коршиносони соҳа назар афканем бори дигар мутмаин мегардем, ки Ворух пораи воқеиву ҳақиқии кишвари мо - Тоҷикистони маҳбуб аст. Мо - мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ваҷаб обу хоки муқаддаси ватани азизамонро ҳифз мекунем ва баробари ободу зебо гардонидан ин гӯшаи кишвари азизамон – Ворухро дар оянда бегазанду якпорча ба насли ҷавон мерос мегузорем. Дар саҳфаҳои таърих як пораи тон ва ҷудонопазири Тоҷикистон будани Ворух бо далелу арқом дарҷ гардидааст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки мутаассифона, қирғизон, бе ягон асос даъвои азхудкунии онро доранд. Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух бори дигар собит месозад, ки иттиҳоди мардуми мо иттиҳоди воқеӣ аст ва нангу номуси миллат порбаҷост. Ин ташаббусҳо моро водор месозад, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи Ворух бошем. Халқи мо даъвоҳои беасоси намояндагони кишвари ҳамсояро оид ба марзи баҳсталаб рад менамояд. Умедворем, ки масъалаи мазкур бо роҳи мусолиҳа ҳалли худро меёбад. Ҳамеша омодаем пораи хоки кишвари азизамон - Ворухро бо баҳои ҷон ҳифз намоем.
А
Шарифхон Баротзода ҷавонтарин номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
Ӯ
Дидгоҳи хос
С. МИРЗОЕВ, муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ
Донишманди ҷавону масъулиятшинос рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Такмили методҳои паст намудани хавфу хатарҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ», ки бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Машраб Файзуллоев ва мушовирии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аброр Бобоевич ҳимоя шудааст, аз комёбиҳои шоистаи таҳсин мебошанд. Шарифхон Баротзода, ҳамчунин дотсенти кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва низоми гумруки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда, ба ташнагони илм аз фанҳои менеҷменти бонкӣ, менеҷменти молиявӣ, фаъолияти бонкӣ, сармоягузорӣ дарс медиҳад. Омӯзгори муваффақ ҷиҳати соҳибилм гардидани ҷавонон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад. Маҳз бо роҳбарии устод алъон 5 нафар докторанти PhD-и донишгоҳ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд.
Таснифи З. ҲУСЕЙНОВ, узви ИЖТ
Қазияи Иззат сиёсӣ нест
Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик
16-уми майи соли 1988 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2005, баъди хатми МТМУ №12-и шаҳри Бохтар ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дохил шуда, онро соли 2010 бо ихтисоси ташкилотчии фаъолияти бонкӣ бо дипломи аъло хатм намуд. Сипас, соли 2011 ба шуъбаи аспирантураи таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 хатм кард. Донишманди ҷавон аз соли 2015 то ба имрӯз дар мақомҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият менамояд. Барои фаъолияти назаррас моҳи августи соли 2020 ба вазифаи сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъйин гардид. Дастовардҳояш дар соҳаи илм, омӯзиши фанҳои иқтисодӣ назаррасанд. Бахусус,
ба вазифаҳои баланд: инструктори комитети партиявӣ, раиси колхоз, вакили Маҷлиси Шӯрои Олӣ, раиси вилояти Кӯлоб, Раиси Шӯрои Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки аз ин мо-ҳамхизматон мефахрем ва масъулияти моро дар иҷрои вазифа дучанд боло мебардорад. Нишонаҳои ватандӯстӣ, одамдӯстӣ, иззату эҳтиром, меҳнатқаринӣ, аз азал пешво буданаш ӯро ба Пешвоии ин миллати куҳанбунёду тозаистиқлол расонид... Баъди хизмати аскарӣ ба ватан баргаштем. Ман касби ронандагиро интихоб кардам. Дар техникуми политехникии шаҳри Душанбе таҳсил карда, касбамро тақвият додам. Соли 1980 ба Норак кӯч бастем ва аз рӯйи касб ба хизмати халқу Ватан камар баст. Дар НБО-и шаҳри Норак механик шуда кор кардам ва аз соли 2008 инҷониб сардори хоҷагии нақлиёти автомобилии Неругоҳи барқи обии “Норак” мебошам. Коргоҳ зиёда аз 100 коргар, 63 техникаи пуриқтидор дорад, ки қувваи онҳо барои муназзам нигоҳ доштани ҳолати техникии НБО-и “Норак” равона мегардад. Фарзандонам низ дар ҳамин неругоҳ аз рӯйи ихтисос кор мекунанд. Мансур – муовини директори НБО-и “Норак”, Ҷалолидин барқчии дараҷаи панҷуми НБО-и “Норак” ва Мирзомиддин устои мошин мебошад. Ҳар вақте Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак меояд, ман беҳад шод мешавам. Дар маҷлисҳо даъватӣ мебошам. Аз ҳоли якдигар мепурсем, рӯзҳои хизмати якҷояамонро дар уқёнуси Ором ба хотир меоварем. Ба Пешвои миллат расми дукаса гирифтаамон, инчунин мақолаи дар рӯзномаи округи ҳарбӣ дар борааш чопгардидаро бо расмаш ва тарҳи киштии зиреҳпӯш, ки дар он хизмат мекардем, тақдим намудам. Ҷаноби Олӣ расмро ба ҳозирин нишон дода, аз давраҳои хизмат бо шавқ нақл намуд ва ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ, ки дар баробари қарзи шаҳрвандӣ будан, боз оламу одам дидан аст, ҳидоят намуд. Аз суханони Пешвои миллат аҳли толор ба ваҷд омада, гарму ҷӯшон кафкӯбӣ менамуданд. Мо - ҳамхизматон аз рафиқи давраи хизмати аскариамон, ки он айём ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, ифтихор мекунем.
Муаллифи 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ аст. Хизматҳои шоёни Шарифхон Баротзодаро бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бохтар қадр намудаанд. -Агар инсон назди худ мақсад гузорад ва дар амалишавии он содиқона заҳмат кашад, ба муроди хеш мерасад, - мегӯяд Шарифхон Баротзода. Хислати неки ин инсони шариф он аст, ки хоксорӣ, меҳнатқаринӣ, пос доштани эҳтироми калонсолонро дар мадди аввал мегузорад. Комрон РАСУЛОВ, «Хатлон»
з рӯйи маълумоти расонаҳои хабарӣ аллакай дар бораи Иззат Амон хонандагон огоҳии комил доранд. Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, айни замон шаҳрвандии Россияро низ доро мебошад. Пешааш ҳуқуқшиносӣ. Бино бар тавсифи баъзеҳо, ӯ «ҳуқуқшиноси шинохтаю варзида» мебошад. Вале хислати дигарашноҷавонмардию фиреб, хиёнат бар амонат, ваъдаю дурӯғашро қайд накардаанд. Шояд ин хислатҳояш ба «обрӯю иззаташ» костагӣ меовард. Вале баъзе нафарон, ки дар пайи паст задани обрӯву нуфузи Тоҷикистонанд, амали боздошти Иззат Амонро баҳои сиёсӣ медиҳанд, ки ин мутлақо нодуруст аст. Муроҷиату шикояти шаҳрвандон ба мақомоти тафтишотӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Дуруст аст, ки Иззат Амон ҳуқуқшинос асту маслиҳати ҳуқуқӣ медиҳад, ба корафтодае ёрӣ мерасонад. Ва ин корро ӯ дар Москави Федератсияи Россия ба ҷо меовард. Чуноне шоҳидони ҳол мегӯянд, вақтҳои аввал кораш бад набуд, бар ивази маблағи муайян ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар кори гирифтани иҷозатнома, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, бақайдгузорӣ ва амсоли инҳо маслиҳату тавсияҳо медод. Муҳоҷирони бечораи тоҷик куҷо ҳам мерафтанд, ба ҷуз назди ҳамшаҳрии худ, ба умеди ёрию мадад. Вале аз куҷо медонистанд, ки ин ҳамшаҳрии пулпарасту ноинсофашон то куҷо онҳоро мефиребаду дар «бузакбозӣ» меандозад. Мегӯянд, оғози кораш бад набуд. Вале баъдтар пулу пайса пеши чашмашро гирифт, дигар танҳо пулро медиду халос. Дину диёнат, инсофу ҳаё ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Аз муҳоҷири тоҷик, ҳамватани худ барои «иҷро» кардани ҳоҷаташон - «ёрию маслиҳати ҳуқуқӣ додан» пул тамаъ мекард. Нафс торафт боло мерафт, кор ба ҷое расид, ки ба роҳи фиребу макр даромада, бисёриҳоро ба дом афтонд. Пулу маблағашонро гирифта, онҳоро сарсону саргардон намуд. Ҳарчанд онҳое, ки ба доми Иззат афтода буданд, борҳо баргардонидани маблағашонро талаб карда буданд, вале суде надошт. Билохира, ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат намуданд, то маблағи бо фиреб гирифтаи онҳоро баргардонанд. Беҳтарин амал дар зиндагӣ бо меҳнати худ, тозаю ҳалол зистан аст, на бо роҳи фиребу дуздӣ зиндагӣ кардан. Умри фиребу ҳаромхӯрӣ кутоҳ аст ва оқибат миси фиребкорӣ ошкор шуда, шармандаи ду дунё мегардӣ. Аз ҳама беҳтараш бо амали неку рафтори хуб зиста, сазовори обрӯ ва номи нек бошӣ, то номатро ҳар куҷо ба некӣ ба забон оваранд. Шахсе, ки ҳамватани худ, одами дармондаро фиреб медиҳад, ба ҳаққи зану фарзандони ҳамватани худ даст дароз намуда, онро соҳибӣ мекунад, аз ӯ одамгарӣ, некӯӣ ва ёрию мададро чашмдор маънӣ надорад.
Сешанбе, 20 апрели соли 2021, №21 (3310) баромада, ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда мешинонанд. Ин навбат ҳашари умуминоҳиявӣ дар шоҳроҳи Ховалинг-Кӯлоб гузаронида шуд ва бахши ҳифзи муҳити зист барои шинонидан ниҳолҳоро дастрас намуд. -Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, имсол дар ноҳияи Ховалинг мебояд 15 ҳазор дарахтони ороишиву сояафкан шинонида мешавад. Аз оғози мавсим то имрӯз беш аз 50 фоизи нақша иҷро гардида, то охири мавсими ниҳолшинонӣ зиёда аз нақша ниҳол мешинонем, -мегӯяд мудири бахши ҳифзи муҳити зист Фирдавс Абдураҳимов. Дар ин рӯз сокинон, инчунин, дар тоза намудани оромгоҳҳо ва шинонидани ниҳолҳои ороишӣ дар гирду атрофи оромгоҳҳо машғул шуда, ҳамзамон симтӯрбандӣ карданд. Дар маркази шаҳрак низ сокинон шинонидани ниҳолҳои
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
Нигаронӣ
khatlon.tj@mail.ru
3
ХОВАЛИНГ. Вусъати корҳои ободонӣ
Б
аҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дурдасттарин деҳот корҳои ободонию созандагӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза касб мекунанд. Бо гарм шудани ҳаво ва фароҳам омадани шароит дар ноҳияи Ховалинг маъракаи ниҳолшинониву сабзгардонӣ босуръат ҷараён дорад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кормандони корхонаву ташкилотҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар
ороишию сояафканро идома доданд. Дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ сокинони деҳаи Дашти Кулолиёни Ҷамоати деҳоти “Шугнов” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон роҳҳои деҳаро тахту ҳамвор ва сангфарш намуда истодаанд. -Баъд аз анҷоми сангфаршкунии роҳҳои деҳа ба шинонидани ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар ду шафати роҳи Ховалинг- Шугнов оғоз бахшида, корҳои ободониву бунёдкориро дар оянда низ идома медиҳем, -мегӯянд сокинони деҳа.
Дар моҳи рамазон «бизнес»-и лӯлиҳо* гарм шуд
КӮЛОБ. Кишти пунбадона оғоз ёфт
Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»
К
ишоварзони Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб”-и шаҳри Кӯлоб дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда ба кишти пунбадона оғоз намуданд. Дар ҷамоати деҳоти мазкур 537 хоҷагӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола дар майдони 1043 гектар замини корами обӣ кишти маҳсулоти кишоварзӣ мегузаронанд. Аз рӯйи нақшаи тасдиқгардида имсол мебояд дар майдони 538 гектар замин кишти пунбадона гузаронанд. Барои амалӣ гардидани ин нақша қаблан тухмии хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ, техникаву мошинолот ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ захира гардидааст. Ҳамзамон, сокинони Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб” бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва истеҳсолу парвариши маҳсулоти тару тозаву хушсифат ба дигар самтҳои кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода, дар майдони 207 гектар ғалладонагӣ, 32 гектар картошка, 40 гектар пиёз, 10 гектар помидору бодиринг ва дигар намуди зироат киштаанд.
"Садақа диҳед, додарҷон!", "Балам, як сомонӣ деҳ!", "Модари бемор дорам, пул диҳед!", "Э, акаҷон, сӯм те!", "Биё, фолат бинаму ҳолат кушоям, ҳаётата нағз мекунам!", "Духтарат бахташ бастагӣ, биё онро кушоям!" Ин суханонро ҳар рӯз, сари ҳар қадам аз ҷӯгиҳои талбанда мешунаваму як латифа ба хотирам меояд, ки чунин аст: "Лӯлизане мегӯяд: “Ако, садақа диҳед, фол кушода, ҳаётатона нағз мекунам". Дар ҷавоб мард мегӯяд: "Ин кор аз дастат ояд чаро ҳаёти худата нағз накардӣ!?".
Ш.САФАРЗОДА
КӮШОНИЁН. Сохтмони иншооти ҷашнӣ бо саҳми соҳибкорон
Д
ар ноҳияи Кӯшониён маркази хизматрасонии нақлиётӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки соҳибкори маҳаллӣ Анвар Раҳматов бо харҷи беш аз 180 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ намудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин маросим муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода ва раиси ноҳия Икромиддин Вализода иштирок доштанд. Бино ба маълумоти масъулин дар иншооти мазкур 10 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Худи ҳамон рӯз, ҳамчунин, мағозаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, ки бо харҷи беш аз 130 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти навбунёд ба симои шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён ҳусни нав бахшидааст. Барои саҳми арзанда гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд. Ф. УМАРОВ, «ХАТЛОН»
НОРАК. Сайёҳон ба шаҳри нур меоянд
С
оли 2020 бо мақсади саёҳату тиҷорат наздики 200 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба шаҳри Норак ворид гардиданд, ки нисбати соли 2019-ум 86 ҳазор нафар зиёд аст. Ба гуфтаи мутахассиси соҳаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Алиҷон Мирализода, айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Норак 100 минтақаи истироҳативу фароғатӣ, 3 меҳмонхона, 1 осоишгоҳ ва 27 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, ҳамасола, ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ иншооти наву замонавӣ бунёд мегардад. Меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ аз тамошои ёдгориҳои таърихии шаҳри Норак болидахотир мегарданд. Зеро дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ шаҳр симои худро куллан дигар сохтааст. Биноҳои баландошёнаи замонавӣ, Қасри фарҳанг, гулгаштҳои зебо ва чароғакҳои рангин ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад. Мавҷудияти ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва табиати биҳиштосои кишварамон имкон додааст, ки дар шаҳри Норак бахшҳои гуногуни сайёҳӣ, кӯҳнавардӣ, варзишӣ ва экологӣ рушд ёбад. Ҳусейн МИРЗОЕВ
ЁВОН. Майдончаи варзишӣ дар Даҳана
Д
ар Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и ноҳияи Ёвон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як майдончаи варзишии болопӯши муҷаҳҳаз бо ашёҳои муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода иштирок доштанд. Гуфта шуд, ки сохтмони майдончаи варзишии мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Гулов бо харҷи як миллион сомонӣ ба анҷом расид. Дар ин рӯз, ҳамчунин, ба як қатор варзишгарони ноҳия аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон либосҳои махсуси варзишӣ тақдим гардид. У. ФИРДАВС
В
ақтҳои охир дар кӯчаву бозор талбандаҳо, аз ҷумла ҷӯгиҳо аз ҳад зиёд ба чашм мерасанд. Маъмулан ҷӯгиҳоро бештар дар бозору кӯча, назди дарвозаи донишгоҳу факултаҳо, масҷиду боғҳои фароғатӣ ва мағозаву супермаркетҳо дидан мумкин аст, чун медонанд, ки аз байни онҳо ягон нафар хайрхоҳ мебарояд. Ҳатто, агар диданд, ки шахс сарулибоси зебо пӯшида, хушандом аст, аз дасту пойҳояш дошта, то пул гирифтан онҳоро ба ҳолашон намемонанд. -Рӯзе ҳамроҳи номзадам мерафтем, ки се лӯлибача сари роҳи моро гирифта, пул талаб карданд. Пули майда надоштам. Онҳо пойҳоямро маҳкам дошта буданд, ки ҳатто аз ҷоям ҷунбида наметавонистам. Ноилоҷ 20 сомониамро майда карда, ба онҳо додам,-мегӯяд шаҳрванд Сироҷиддин Файзалиев. -Ҳатто ҳолатҳое шудааст, ки ба қаҳвахонаҳо даромада, аз нишастагон пул талаб мекунанд, ё таоми хӯрдаистодаи ӯро. Дар чунин ҳол иштиҳоятон баста мешавад. Чаро масъулини ин марказҳо лӯлиҳои талбандаи дасту рӯйи ифлосдоштаро барои ба ҷойҳои хӯрокхӯрӣ даромадан иҷозат медиҳанд? Ин гуфтаҳо мавзӯъро то ҷойе ба баҳс мебарад. -Ҳар саҳар барои дарёфти пул назди марказҳои хизматрасонӣ меравам,-иқрор шуд дар суҳбат Муҳаммад Саидов, ҷӯгибачаи 13сола. - Агар дар як рӯз 100 сомонӣ кор накунам, маро бобову бибиам ба хона роҳ намедиҳанд. Аз ҳамин хотир, аз субҳи барвақт то бегоҳ талбандагӣ мекунам. Дар тифлиам модарам ба дигар ҷой шавҳар карда рафтааст. Мехоҳам мактаб равам, аммо намедонам, аз кадом сабаб бошад, ки момоям иҷозат намедиҳад. Борҳо шоҳид шудаем, ки лӯлибачаҳо пойбараҳнаву дар тан пероҳани тунуки фарсуда ба бозорҳо мебароянд. То мардум ҳоли онҳоро дидаву раҳм карда, аз дилсӯзӣ садақа диҳанд. Шояд хонандаи ин сатрҳо андешад, ки онҳо худро махсус ба ҳамин ҳол меандозанд?! Ҳамсуҳбати мо лӯлибача Муҳаммад чунин баён дошт: “Пулҳои кор мекардаамро хона бурда, ба момоям медиҳам. Аммо боре ҳам нашудааст, ки дар фасли зимистон либоси гарм ба ману
додарчаҳоям харида бошанд". Ҳатто боре аз хунукиҳои сахти фасли сармо бемор шуда, қариб як моҳ дар беморхона хоб кардам. Чунин рафтори падару модари ҷӯгиҳо ба фарзандонашон шояд ба қавли худашон дуруст бошад, аммо аз ҷиҳати қонун назар афканем, ин гуна муносибатро қонуну меъёрҳои Тоҷикистон, хусусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” манъ кардааст. ШАРОИТИ РӮЗГОР БАҲОНА Ё... -Шароите надорам, ки бачаҳоям ба мактаб раванд. Агар раванд ҳам муаллимон барои ҳар гуна чиз пул мегиранд, -мегӯяд Мафтуна Ҳасанова, зани лӯлитабор.-Соати 4-и саҳар аз хобашон бедор мекунаму барои дарёфти пул ба шаҳр барои талбандагӣ мебароем. Чандин маротиба кормандони милиса моро ба идораашон бурда, протокол карданд, ки фарзандҳоямонро ба мактаб диҳем. “Ҳа” гуфтаму кори худамро давом додан гирифтам. Мафтуна аз оне, ки баъзе занҳои худобехабар худро ба “савдо” мегузоранду пул ба даст меоранд, талбандагии худро аз онҳо боло медонад ва аз ин кораш шарме надорад. Ин чанд мисолест аз ҳаёти лӯлиҳо. Яке зиндагии хуб дорад, дигаре ҳаёти талх. Дар баробари ҳамаи ин, дар байнашон ҳастанд нафароне, ки воқеан ҳам бадрафтору бадкирдоранд ва бо муносибати ноҷоиз ба иззати нафси атрофиён мерасанд... Фараҳноз Набиева, ки донишҷӯ аст, мегӯяд: «Як хислати онҳо бароям чандон писанд нест. Сари роҳатро гирифта, пул металабанд. Агар пул диҳем, боз аз ҳамроҳам пул мепурсанд. Аҷиб ин аст, ки рӯзе кӯдаки хурдсоли маъюб дар роҳ нишаста бо овози ширини кӯдакӣ талбандагӣ мекард. Касе ӯро медид, раҳмаш омада, ҳатман ба ӯ пул медод. Ногоҳ чашмам ба падару модари он кӯдак афтод, ки дар дохили мошини тамғаи хориҷӣ нишаста, фарзандашонро назорат мекарданд. Каме баъдтар онҳо бо мошин омада, кӯдакро бо худ гирифта рафтанд. Инро бо чашмонам дида, нафратам нисбати волидайни лӯлибача дучанд гардид, ки наход писараки хурдсоли маъюбро дар сари роҳ ба талбандагӣ гузоранду худ мошинсаворӣ кунанд». Баъзе аз коршиносон бар он назаранд, ки дар ин масъала нақши кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бештар буда, ба ин васила метавон каме ҳам бошад, қабилаи лӯлиён ба чаҳорчӯбаи муайян дароварда шавад.
Мафтуна аз оне, ки баъзе занҳои худобехабар худро ба “савдо” мегузоранду пул ба даст меоранд, талбандагии худро боло медонад ва аз ин кораш хиҷолат намекашад.
-Аз ҷиҳати психологӣ гирем, ба лӯлибачаҳо ҳамон муҳите, ки доранд, таъсир мерасонад. Волидайнашон кор намекунанд, мактаб намераванд, савод намеомӯзанд, аз қонун ва давлат дуранд, пас чӣ гуна онҳо соҳибилм мешаванд? Дар чунин сурат онҳо инкишоф намеёбанд ва худро ба ҳар гуна бемориву девонагӣ андох-
та, аз мардум пул талаб мекунанд. Барои беҳтар кардани чунин вазъ бояд кормандони мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ машваратҳои доимӣ гузаронанд,-қайд кард Мазбут Маҳмудов, саромӯзгори кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав. “БА ЛӮЛИҲО ШИНОСНОМА НАДИҲЕД!” Баъзе ҳуқуқшиносон бар он назаранд, ки додани шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба лӯлиҳо ва он ҳам бо дарҷ гардидани миллаташ “тоҷик” дуруст нест. Дар чунин ҳолат ба онҳо ҳуҷҷати шаҳодатнома дар бораи шахсият (монанд ба шиноснома) дода шавад. Варқаи Зайниддин, ёрдамчии прокурори вилоят, ҳуқуқшинос, дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Лӯлиён фарҳангу обрӯйи миллати тоҷикро паст зада истодаанд. Ба дигар ҷумҳуриҳо рафта, қадру манзалати халқи тоҷикро коста мегардонанд. Дар давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки қабилаи лӯлиён вуҷуд доранд, дар шиносномаи онҳо «миллаташ тоҷик» менависанд. Магар ин айб нест? Магар ин таҳқир ба миллати тоҷик нест? Чаро ба ҷӯгиҳо дар Тоҷикистон шиноснома медиҳанд? Дар қонунгузорӣ гуфта шудааст, ки дар сурати падар ё модар тоҷик будан миллатро дар шиноснома муайян кардан мумкин. Бояд дар ин бора шуъбаи ВКД ва САҲШ сахт корбарӣ кунанд ва на-
-Ҳар саҳар барои дарёфти пул назди марказҳои хизматрасонӣ меравам,иқрор шуд дар суҳбат Муҳаммад Саидов, ҷӯгибачаи 13сола. -Агар дар як рӯз 100 сомонӣ кор накунам, дар хона маро бобову бибиам роҳ намедиҳанд. Аз ҳамин хотир, аз субҳи барвақт то бегоҳ талбандагӣ мекунам. Дар тифлиам модарам ба дигар ҷой шавҳар карда рафтааст. Мехоҳам мактаб равам, аммо намедонам аз кадом сабаб бошад, ки момоям иҷозат намедиҳад.
зорати ҷиддӣ баранд”. Аммо, дар ин бора мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зуҳро Бобозода зимни суҳбати телефонӣ чунин гуфт: «Аз аввал лӯлиҳо тоҷик буданд. Аз ин хотир, вақте онҳо ба наздамон шаҳодатномагирӣ меоянд тибқи қонунгузорӣ дар шаҳодатнома миллаташонро тоҷик менависем. Мо наметавонем миллати онҳоро лӯлӣ нависем, зеро ин чиз ғайриқонунӣ аст. Агар мо дар шаҳодатнома миллати онҳоро лӯлӣ нависем, дуруст намегирад. Дар давоми фаъолияти кориам то ҳол ягон маротиба надидаам, ки дар шаҳодатнома ва шиносномаи қавми лӯлиҳо миллаташ лӯлӣ навишта шуда бошад». Агар ин тавр аст, пас лӯлиҳо низ бояд қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд. Чунончӣ, дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд” ва дар моддаи 43-и ҳамин Конститутсия омадааст: “Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Вале лӯлиён ин талаботро риоя намекунанд. Пас, ин масъалаест, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеа пайи ҳалли он набояд бетараф бошанд. * Лӯлӣ - қабилае, ки аслан аз Ҳиндустон буда, дар ҳолати кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ зиндагӣ мекунад, ҷӯгӣ.
Маслиҳати мутахассис
Эҳтиёт аз занбӯруғҳои заҳрнок Дар фасли баҳор дар кӯҳу дашту саҳроҳо занбӯруғҳо фаровон мерӯянд. Дар таркиби занбӯруғ моддаҳои минералӣ хело зиёданд. Аммо барои истеъмол як қисми занбӯруғҳо мувофиқ буда, қисми дигарашон дар таркибашон заҳр доранд, ки истеъмоли он ба заҳролудшавии организм оварда мерасонад. Қайд кардан зарур аст, ки ин намуд занбӯруғҳо хеле хавфнок буда, истеъмоли он дар баъзе ҳолатҳо ҳатто то ба марг оварда мерасонад. Дар табиат зиёда аз 3 ҳазор намуди занбӯруғҳо мавҷуд аст, ки 400 намуди он барои истеъмол мувофиқ аст. Заҳролудшавӣ аз истеъмоли занбӯруғҳо мавсимӣ буда, асосан ба фасли баҳор рост меояд. Заҳролудшавӣ аз истеъмоли занбӯруғҳое, ки дар заминҳои кишт, дарахтон, юнучқазорҳо мерӯянд, ба амал меояд.
Аломатҳои асосии заҳролудшавӣ аз маводҳои занбӯруғӣ ин якбора ва ногаҳонӣ ба амал омадани дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, дарди сахти шикам, вайроншавии мувозинат ҳангоми роҳгардӣ, дарди сар, табларза, васеъшавии мардумаки чашм, вайрон гаштани хотира ва баъдан пайдо гаштани нафаскашии вазнин, пастшавии фишори хун буда, дар баъзе ҳолатҳо беҳушӣ мушоҳида карда мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани чунин аломатҳо ҳатман ва ҳарчи тезтар ба ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намудан зарур аст. То омадани дастаи ёрии таъҷилӣ шустани меъда лозим мебошад. Барои ин ба шахси гумонбари бемор 1 литр оби ҷӯшонидашуда додан лозим, баъдан забонро дар ҳадди гулӯ бо ангушт зер карда ҳолати қайкуниро ба вуҷуд овардан зарур аст. Ин амалиётро то соф гаштани оби меъда бояд такрор кард. Гузаронидани амалиёти ҳуқна (клизма) низ зарур мебошад. Ба инобат гирифтан лозим, ки шустани меъдаи кӯдакони то 5 - сола дар шароити хона мумкин нест. Кӯдаконро ҳатман ба муассисаҳои табобатӣ бурдан зарур, то ин, ки мутахассисони варзида муолиҷа намоянд. Барои пешгирӣ аз заҳролудшавӣ бояд аз истеъмоли занбӯруғҳое, ки ношиносанд ва қад-қади роҳҳои мошингард, юнучқказор, дар заминҳои кишт, танаи дарахтон мерӯянд, эҳтиёт кард. Маҳсулоти занбӯруғиро танҳо аз бозорҳо, ки таҳлилгоҳҳои оид ба сифат ва бехатарии маҳсулот, назорат ва ташхис мегузаронанд, харидорӣ кардан лозим. Инчунин, кадбонуҳоро мебояд дар вақти тайёр кардани хӯрок аз маҳсулоти занбӯруғӣ ба коркарди дурусти он аҳамият диҳанд. Мирзоалӣ РАҶАБЗОДА, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
4
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Сешанбе, 20 апрели соли 2021, №21 (3310)
Сайри Хатлони бостон
Мақбараи Ҳамадонӣ - ёдгории нодири асрҳои ХIV-XV
М
ақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Масоҳати он зиёда аз 600 метри мураббаъро ташкил дода, аз 8 ҳуҷра ва 7 гунбаз иборат мебошад. Дар ин ҷо яке аз мутафаккирони барҷастаи аҳли тасаввуф, файласуф ва шоири маъруф Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва аҳли байти ӯ оромидаанд.
Нахуст, ин ёдгорӣ дар шакли мақбараи хоксоронаи хурде бино гашта, бо мурури замон ба як иншооти мураккаби меъмории иборат аз се пештоқи даромадгоҳ бо ҳуҷраҳо, дафнгоҳ, зиёратхона ва чиллахонаҳо табдил ёфт. Мақбара бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан тармим шуда, гунбазҳои он зарҳалкорӣ, пештоқи қисмати ғарбӣ кошинкорӣ гардид, ки шукӯҳу шаҳомати ёдгориро даҳчанд афзун намуданд. Сайёҳон ҳамасола барои зиёрат ва тамошои ин ёдгории нодир аз ҳар гӯшаи дунё ба Тоҷикистони азизамон ташриф меоранд. Бахтиёр ИБРОҲИМОВ
Ба ифтихори 76 - солагии Ғалаба Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Хате, ки се рӯз «сиёҳ» буд Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пайдоиши олам то ба ҳол ҷанги хонумонсӯзеро ба монанди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои1941-1945) надидааст. Бар асари он тақрибан 40 кишвар харобу валангор гардида, зиёда аз 70 миллион (аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 27 миллион) нафар ҳалок шудаанд.
17 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 3-юми Coca Cola Чемпионати Тоҷикистон доир гардид, ки дар он дастаҳои «Душанбе» ва «Хатлон» байни ҳам қувва озмуданд.
Нокомии «Хатлон» дар даври 3-юм
Ҳ
амлагари легионери тими "Душанбе" Люк Менҷана, дар дақиқаи 11-уми рақобат, тӯбро вориди тӯри дарвозаи «Хатлон» намуд ва соҳибони майдонро ба пеш баровард. Ҳарчанд меҳмонон бозиро зери назорати худ гирифта, пайваста ба ҳуҷум мегузаштанд, вале дар ҳамлаҳо нуқтаи асосиро гузошта наметавонистанд. Ҳамин тариқ, бозӣ то ба охир бетағйир монд. Нимҳимоятгари дастаи “Хатлон” Сорбон Авғонов бозиро чунин шарҳ дод: - Дар умум бозӣ хело ҷолиб сурат гирифт. Рақибон аз иштибоҳи мо истифода бурда, ҳисобро кушоданд. Ҳам дар қисмати аввал ва ҳам дар қисмати дувум бозӣ зери назорати мо қарор дошт. Ҳолатҳои зиёди голзанӣ доштем, вале онҳоро истифода карда натавонистем. Ҳайати дастаи мо ҷавон аст. Сари иштибоҳҳои худ кор хоҳем кард. Таассуф мехӯрем, ки 3 холро аз даст додем. Дастаи "Хатлон" баъди баргузории 3 даври чемпионат дар ҳисоби худ 2 мусовӣ ва як бохт
дорад. Дар ҷадвали мусобиқот бо касби 2 имтиёз мавқеи 7-умро ишғол намудааст. Далер ИБОДУЛЛОЗОДА, «Хатлон»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ
Д
ар қатори намояндагони дигар дар хандақ беҳуш мехобад. Бегоҳӣ командири миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қариб рота мувофиқи рӯйхат сарбозонро ҳозиру ғоиб 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон кард ва маълум шуд, ки Абдулло Раҷабов дар низ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ишмиёнашон нест. Ӯро бе ному нишон пиндошта, тирок карданд. Он солҳо шаш нафар аз деҳаи ба номи падари Абдулло хати сиёҳ ирсол меДишехи ноҳияи Балҷувон- Раҷабов Абдулло, намоянд. Вале баъди се рӯз хати дигар омад. Раҷабов Юсуф, Шукуров Ҳасан, Неъматов Дар он хабар дода мешуд, ки Абдулло Раҷабов Иноят, Неъматов Қаноат ва Мири Шариф низ зинда, вале сахт маҷрӯҳ шудааст. ба ҳимояи Ватан бархостанд. Гоҳ зери барфу Абдулло Раҷабов (дар акс) пеш аз ба ҷанг борон, гоҳ миёни обу оташ, нимсеру нимгурусрафтан дар деҳа муаллим буд. Баъди бозгашт на сина сипар карда, Ватанро ҳимоя намуданд. аз нав ба касби дӯстдоштааш пардохт, то ба Онҳо, ки маҳорати ҷангиро дар шаҳри Смосинни нафақа расидан дар таълиму тарбияи ленск омӯхта, аз тайёрии ҳарбӣ гузашта бунасли наврас саҳм гузошт. Солҳои зиёд дар данд, ба фронти Беларус (таҳти фармондеҳии ноҳияи Вахш, директори мактаб буд. Соли маршал Жуков) фиристода шуданд. 1984 ба нафақа баромад. Барои хизматҳояш ...Охирҳои моҳи декабри соли 1943. Бардар соҳаи маориф бо нишони “Аълочии маофи лаклакӣ он шабу рӯз беист мебориду ҷанг риф”, барои корнамоиҳояш дар фронт бо ордеидома дошт. Армияи ни “Ҷанги Бузурги Шӯравӣ мавқеъҳои дар Ватанӣ” дараҷаи муҳосирамондаро рахякум ва бо медали на намуда, ба таркиши Жуков қадрдонӣ Он солҳо шаш нафар снаряду бомба ва оташи гардидааст. аз деҳаи Дишехи ноҳияи танкҳои душман нигоҳ на...Вақте ки АбБалҷувон- Раҷабов Абдулкарда, пеш мерафт. Дар дулло Раҷабов ло, Раҷабов Юсуф, Шукуров яке аз задухӯрдҳо Абдулло дар беморхона Ҳасан, Неъматов Иноят, НеъмаРаҷабов бо ҳамяроқонаш шифо меёфт, тов Қаноат, ва Мири Шариф низ ба Юсуф Раҷабов, Ҳасан ҳамдеҳагони ҳимояи Ватан бархостанд. Гоҳ зери Шукуров ва бародарон ҳамяроқаш бабарфу борон, гоҳ миёни обу оташ, Неъматовҳо ба хандақи рои озод карданимсеру нимгурусна сина сипар карфашистон зада даромани Чехословакия да, Ватанро ҳимоя намуданд. Онҳо, да, бо силоҳу ҷанги тан меҷангиданд. ба тан немисҳоро нобуд Дар ин набардҳо, ки маҳорати ҷангиро дар шаҳри Смокарданд. Ин мардони майҷароҳати вазленск омӯхта, аз тайёрии ҳарбӣ гудон зимни озод намудани нин бардошта, зашта буданд, ба фронти Беларус шаҳрҳои Украина, Полба ҳалокат ра(таҳти фармондеҳии маршал Жуков) ша, Руминия ва Чехоссиданд. Баъди фиристода шуданд. ловакия низ корнамоии ҷустуҷӯ аз бойгобемисл нишон доданд. нии ҳарбии ИҶШС Абдулло Раҷабов дар яке ҷавоб омад, ки аз муҳорибаҳо барои озод кардани Киев (моҳи Ҳасан Шукуров ва Юсуф Раҷабов аз дарвозаи феврали соли 1944) сахт маҷрӯҳ шуда, ду рӯз қабристони калони Чехословакия 400 метр ба
-
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
тарафи ҷануб ба хок супурда шуданд. Мири Шариф, ки дар деҳаи Дишех муаллим буд, баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷанг рафта, бе ному нишон гардидааст. Бародарон Иноят ва Қаноат Неъматовҳо низ аз ҳамин деҳа ба ҷанг рафтанд. Пас аз ҷанг Қаноат Неъматов ба ватан баргашт. Пеши бараш пур аз ордену медал буд. Баъди муҳоҷир кардани мардуми деҳаи Дишех, ба ноҳияи Фархор кӯчида омад ва то рӯзи вафот вазифаи котиби ташкилоти ҳизбии колхози “40-солагии Октябр”-и ноҳияи Фархорро ба зимма дошт. Фарзандонаш ҳоло дар он ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд. Бо ин чанд лаҳзаҳое, ки овардем, номи неку корномаи онҳоеро, ки зикр намудем, барои насли имрӯз дарси зиндагӣ ва намунаи хизмати содиқона барои халқу Ватан аст. Хотираи неки ин мардони наҷиб ва ҷанговарони ҷасур дар қалбҳо абадан боқӣ хоҳад монд. Тавре шоир фармудааст: Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест, Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад. Маҳмадраҳим РАҶАБОВ, раиси Шӯрои ҷанговарони башардӯсти ноҳияи Вахш
1.Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят. 2.Сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят. 3.Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб. 4.Сармутахассиси бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят. 5.Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят. 6.Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят. 7.Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят. 8.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят. 9.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб. 10.Мутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят. 11.Мутахассиси шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят. 12.Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят. Талабот нисбати довталабон: Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои маъмурии сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад: -Мудири шуъба- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -Сармутахассис- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -Мутахассиси пешбар. -Мутахассис.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда: - ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муқарраршуда); - варақаи баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ; - нусхаи шиноснома; - маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амвол; - билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд); - нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома (справка-обективка); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - нусхаи қайди ақди никоҳ. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 735140, шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи Н.Ҳувайдуллоев 1, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ошёнаи 3, утоқи 303-304. Суроғаи почтаи электронӣ: kadrho@khatlon.tj, телефон: 2-16-16, факс: 347 Музди моҳонаи хизматчии давлатӣ: Мудири шуъба-1593 сомониву 40 дирам. Сармутахассис-1186 сомониву 80 дирам. Мутахассиси пешбар-972 сомониву 90 дирам. Мутахассис-800 сомониву 40 дирам. Қабули ҳуҷҷатҳо: Баъди нашри расмии эълон то 21 рӯз муҳлат дорад.
ДИҚҚАТ: МУЗОЯДАИ ТАКРОРӢ!
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар рӯзи 21 майи соли 2021, музояда оид ба фурӯши амволи қарздор Бегижонова Ашурмо Раҳматовна, ки таҳти ҳабс қарор дорад, эълон менамояд. № Т/р
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 19411945 давом мекард. Муборизаҳои шадид идома меёфт. Намояндагони миллатҳои гуногун ба муқобили фашизм мубориза мебурданд. Ҷангҳои хунин ҳар рӯз ҳазорҳо сарбозонро қурбон мекард. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо фарзанди диловари тоҷик Абдулҳамид Нуров бо ҷавони украинӣ Михаил Морозов дӯстӣ пайдо карданд.
Ба аҳди бародарӣ содиқ монд
Ё чи тавр Абдулҳамид Нурови тоҷик Михаил Морозов шуд
Ш
умо чӣ ном доред, бародар?- рӯзе аз Абдулҳамид Нуров пурсид ҳамяроқи украиниаш. -Абдулҳамид Нуров, тоҷик, аз Тоҷикистон, ноҳияи Балҷувон - посух дод сарбоз. -Ман Михаил Морозов, аз Украина. Биё, аҳди бародарӣ, дӯстӣ мебандем. Яке аз мо агар дар ҷанги хонумонсӯз ҳалок шуд, дигарӣ ному насаби ӯро ба худ мегирад,- гуфт Михаил. Онҳо ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш гирифтанд... Дар наздикии дарёи Днепр ҷангҳои шадид давом мекард. Ҳангоми убури он Абдулҳамид Нуров дӯсти беҳтарини худ Михаил Морозовро аз даст дод. Михаил ба соҳили муқобил гузашта буд, вале тири дайдуи душман ба
« ХАТЛОН »
1.
тани ӯ расида, ба госпитали ҳарбӣ афтод ва чанд муддате табобат кард. Абдулҳамид Нуров ба аёдаташ рафт. -Бародари азиз Абдулҳамид, саломатиам рӯз аз рӯз бад шуда истодааст. Ҷароҳатам вазнин аст. Ҳис мекунам, ки аз умрам рӯзҳои башумор мондааст. Аз ин хотир донистан мехоҳам, ки аҳди бародариамонро фаромӯш накардаӣ? –Мард бояд ба аҳдаш устувор бимонад. Ман албатта ба қавлам меистам, -посух дод тоҷикписар. Михаил Мрозов дар рӯйи дастони Абдулҳамид ҷон дод. Баъди бозгашт аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулҳамид Нуров ба қавли додааш вафо карда, номи бародархондаш Михаил Морозовро гирифт. Дар ноҳияи Вахш мардум ӯро бо ин ном мешиносанд. Абдулҳамид ба фарзандонаш низ насаби ҷанговари далер, ҳамяроқаш Михаил Морозовро гузошт. Дар ҷомеаи имрӯза одамони нек зиёданд. Бо амалу рафтору кирдори неки онҳо зиндагӣ рангину зебо мешавад. Дар ноҳияи Вахш фарзандони содиқи ватан Абдулҳамид Нуров - Михаил Морозовро одамон дида, бо ифтихор мегӯянд: “ Ана ин аст, аҳди бародарию ҷавонмардӣ. Ана ин аст, аҳди дӯстонаи намояндагони миллатҳои гуногун, ки ин дӯстии онҳо бардавом ва абадист”. Ҳазорҳо одамон ин қиссаро шунида ибрат мегиранд. Ин саргузашт достони диловарӣ, мардонагӣ, дӯстӣ, вафодорӣ ва меҳру муҳаббати инсонҳои нек аст. Б. САЙДАЛИЕВ
МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Дар рӯзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешӣ матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рӯзнома метавонад бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро бар дӯш нагирад. Матолиби муаллифони беруна дар шакли электронӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 қабул карда мешавад. Ба саҳеҳии далелу арқоми эълону матлабҳои дорои хусусияти тарғиботию рекламавӣ идораи рӯзнома ҷавобгӯ нест. Дастнавису суратҳо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд.
Сармуҳаррир Носирҷон МАЪМУРЗОДА
web: www.khatlon-ruznoma.tj / e-mail: khatlon.tj@mail.ru
Соли 90-уми нашр
Номгўи амволи њабсгардида
Миқдор (адад)
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидоӣ
Манзили истиқоматӣ: иборат аз 2 ҳуҷраи истиқоматӣ, ки дар масоҳати умумии 47,61мм, аз ҷумла сатҳи истиқоматиаш 31,36 мм буда, аз масолеҳи оҳану бетон сохта шудааст.
1
шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, бинои №146 б, ҳуҷраи №63 (ошёнаи сеюм)
200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ
Қабули дархостҳо барои иштирок ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълони мазкур оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Музояда бо усули англисӣ гузаронида мешавад. Ҷойи баргузории музояда: утоқи кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар. Суроға: кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Вақти баргузорӣ: соати 10:00. Пардохти кафолатпулӣ ба тариқи нақдӣ ба суратҳисоби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Телефонҳо: (83222) 3-31-10, 3-25-34, 3-05-82, 903-00-60-54
ЭЪТИБОР НАДОРАД Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дараҷаи А №0156987, бо суроғаи шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти “Гулистон”, деҳаи Гулистон, ки онро КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Левакант 14.07.2006 таҳти №51, ба номи Холов Муродали, дар 0,15 га ба қайд гирифтааст, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дараҷаи А №103691, бо суроғаи шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти “Гулистон”, деҳаи Гулистон, ки онро КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Левакант 30.01.2006 таҳти №6 ба номи Холов Шариф дар 0,20 га ба қайд гирифтааст, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дараҷаи А №019703, бо суроғаи шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти “Гулистон”, деҳаи Гулистон, ки онро
КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Левакант 27.04.2005 таҳти №11 ба номи Холова Арафа дар 0,25 га ба қайд гирифтааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи №392387, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1975 МТМУ №30 ба номи Сайдалӣ Ёрови ноҳияи Кӯшониён ба Назаров Қадрдин додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи №108508, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 1993 МТМУ №1-и ноҳияи Кӯшониён (ноҳияи Бохтар) ба Хусайнов Ахлиддин Тоирджонович додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи №034641, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1983 МТМУ №20-и ноҳияи Вахш ба Наботова Кимхо Садридиновна додааст, эътибор надорад.
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/ рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
Рӯзнома дар чопхонаи «Матбааи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар ба табъ расидааст. Сифати чопи рӯзнома ба дӯши матбаа аст. Ба чопаш 20.04.2021 иҷозат дода шуд. Адади нашр: 11272 нусха.
Навбатдор: Исматулло ҲАСАНОВ
Нишонии мо: шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов - 12. Телефонҳо - сармуҳаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, шуъбаи эълону реклама: 2-47-14 Индекси обуна 68896
Тарроҳ: Умед МИРЗОЕВ