Skip to main content

Шумораи №32-2020

Page 1

27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №32 (3268)

ЧОРШАНБЕ, 24 июни соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.

Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

…наслҳои имрӯзу фардоро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ҳарчи бештар муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар ҷомеа ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони мамлакатро халалдор созанд.

Имрӯз тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд. Дар ин раванд зарур аст, ки ҳувияту худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба ҷузъҳои муҳимтарину таркибии андешаи миллии мардуми мо табдил дода шаванд. Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН

Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем.

ЉОВИДОНУ ПОЙДОР БОД, ВАЊДАТИ МИЛЛЇ! Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба муносибати Рўзи Вањдати миллї

Ҳамдиёрони гиромӣ! Фарорасии ҷашни Ваҳдати миллиро, ки барои мардуми Тоҷикистони маҳбуб дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумлаи муқаддастарин дастовард ва арзиши миллию давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, самимона шодбош гуфта, орзуманди рӯзгори ободу осуда, файзу баракат дар ҳар як хонадон ва сулҳу суботи пойдор дар саросари мамлакати азизамон ҳастам. Дар тӯли таърих халқу ватани азизи мо борҳо ба номеҳрубониҳои таърих рӯ ба рӯ омада, вале бо ҷасорату шуҷоат, донишу корнамоиҳои хеш эҳёву устувор шудааст. Миллати қавирӯҳи мо дар охири асри ХХ ва ибтидои асри нав бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ парча-

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи киштукор, ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрории зироатҳо, истифодаи оқилонаю самарабахши замин, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ, корхонаҳои истеҳсолию раванди сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ба ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз сафари корӣ анҷом дод. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, сафари кории

ми Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуд. Дар ибтидои марҳилаи соҳибистиқлолӣ душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сар задани ҷанги таҳмилии дохилӣ сабаб шуданд, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ба ҳалокат расида, модарону бонувон бесаробон ва кӯдакон ятим монданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд, хонаҳои мардум, иншоотҳои таъиноти гуногун ба коми оташ рафтанд, ба иқтисодиёти мамлакат миллиардҳо сомонӣ хисорот ворид гардид. Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сулҳро бо мухолифини мусаллаҳ ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон оғоз намуда, дар раванди музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон идома доштанд, чил санади муҳим ба имзо расонд. Баъди мухолифати мусаллаҳонаи беш аз панҷсола бо саъю талоши бевоситаи Пешвои миллат 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд. Дар кишвар марҳилаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ гардида, дар муддати кӯтоҳ беш аз як миллион нафар ҳамватанони иҷборан тарки диёрнамуда дубора ба маҳалли зисташон баргардонида шуданд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун

падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузург-ро иҷро кард”. Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Дар ин раванд таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад. Бо вуҷуди мушкилоти замони гузариш аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ, ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар ҳолати хуби рушд қарор дошта, пайванди ҷомеа ба ҷаҳони мутамаддини муосир, ки асос ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад. Пешвои миллат бо ташаббусу ибтикороти наҷиби ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиаш тавонист, ки бо рақибони сиёсии ватан дар атрофи мизи сулҳу ваҳдат нишаста, баҳри пойдории ваҳдати комил заминаи воқеӣ гузорад. Ҳамин буд, ки ба аҳли ватан поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтироми хотираи гузаштагон, меҳнатдӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо хислатҳои шоистаи худ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаҳои тираву тори мушкилгузари таърихӣ мунаввар сохт. Халқи азизи кишвар аз нахустин рӯзҳое, ки Ҷаноби Олӣ инони давлатсозиро ба дӯш гирифт, дар ҷодаи ваҳдатофарӣ бо Роҳбари давлат ҳамсафар шуда, ба корнома ва таърихсозии Пешвои муаззами миллат бо

дили пур боварӣ доштанд. Ана ҳамин эътимоду эҳтиром ба Пешвои миллат моро ба ин рӯзҳои неку шоиста расонд. Имрӯз мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон ҳамчун таҷрибаи пешқадами сулҳофарӣ дар саросари ҷаҳон миёни сиёсатмадорону ҷомеашиносон мавриди омӯзиш қарор дошта, мамлакатҳои ноамн аз он ҳамчун дастури амал истифода мебаранд, ки боиси ифтихору сарбаландии мост. Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки давлати мо, чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо пандемияи коронавируси нав мубориза мебарад. Раванди татбиқи чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар мамлакат нишон дод, ки мардуми неруманди Тоҷикистон, чун ҳамеша, дар рӯ ба рӯи мушкилоту сахтӣ бо ваҳдату дастиҳамгирӣ, таҳаммулпазирӣ ва сарҷамъӣ истодагарӣ мекунанд, аҳлона заҳмат мекашанд ва яқинан, ин имтиҳони навбатии таърихро низ пушти сар хоҳанд кард. Тавре ки Пешвои муаззами миллат ҳидоят мекунанд, имрӯз тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд. Дар ин раванди неку созанда ба кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон ва Тоҷикистони азиз саломатӣ ва барори кор, ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам, ба ватани азизамон ваҳдати поянда ва рушди устуворро орзумандам. Ҷовидону пойдор бод, Ваҳдати миллӣ! Ҷашни Ваҳдати миллӣ фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!

Ќ. Њакимзода: “КИШОВАРЗОНИ ДЕЊАИ ЊАВАСКОР БО МАДАНИЯТИ БАЛАНДИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН НАМУНАИ ИБРАТАНД” Гузориш аз ҷараёни сафари кории раиси вилоят ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуз раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Қубодиён аз боздиди пойгоҳи обкашии №1 оғоз гар-

дид. Пойгоҳи мазкур дар деҳаи Қаблаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров воқеъ

буда, соли 1968 бунёд гардидааст. Ба қавли Боймурод Раҷабов, сардори пойгоҳҳои обкашии каскади

Қубодиён №1-6, пойгоҳ дорои 6 агрегат буда, дар як вақт иқтидори кашидани 14 куб обро доро мебошад. Ба воситаи ин пойгоҳ як қисми заминҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи И.Ниёзов ва У.Назаров, дар маҷмӯъ беш аз 5,5 ҳазор гектар замин бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Дар пойгоҳи обкашии №1 нуҳ нафар корманд дар 3 баст ва дар ҳамаи 6 пойгоҳ ҷамъан наздики 60 нафар ба кор ҷалб гардидааст. (Давомаш дар саҳ.2)

ИТТИЛОИЯ аз Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум

23-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд. Дар иҷлосия, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: • Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят. • Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 “Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят. • Ҳисоботи сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №29 “Дар бораи сарфаҷӯии энергия” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят. • Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50, Ховалинг №61 ва таъйин намудани интихобот. • Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50 ва Ховалинг №61. • Масъалаҳои ҷорӣ. Аз рӯйи масъалаи асосии Иҷлосия «Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 20162020” дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят» муовини якуми раиси вилоят А. Исмоилзода гузориш дод. Тавре ки зикр гардид, баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳои марҳилаи аввали стратегияи миллӣ аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва муҳтавои ин ҳуҷҷати барномавӣ омӯзиши стратегия дар байни ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаи кории Шӯрои вилоятии мутобиқсозиву методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят ва шӯроҳои шаҳриву ноҳиявӣ корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии экстремизм ва терроризм амалӣ гашта истодааст. Тавре ки нотиқ зикр намуд, масъалаи мазкур пайваста дар ҷаласаҳои кории назди раиси вилоят ва ҷамъомадҳо бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ширкати раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст. Тибқи амри раиси вилоят аз 6 августи соли 2018 гурӯҳҳои кориву таблиғотӣ таъсис дода, ҷиҳати пешгирӣ аз таассуби динӣ ва арҷ гузоштан ба асолатҳои мазҳаби ҳанафӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва иттилоотӣ доир гардиданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аз 1863 нафар ҷавононе, ки дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ҳамагӣ 42 нафар боқӣ мондааст. Дар ин давра тариқи телевизион ва радиои вилояти Хатлон аз ҷараён ва натиҷаҳои мурофиаи судӣ 15 гузориш дар робита бо ҷиноятҳои хусусияти ифротгароиву даҳшатафканидошта пахш гаштааст.

Дар нашрияҳои вилоятӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм беш аз 200 хабару гузоришҳо, мусоҳибаву мақолаҳои таҳлилӣ рӯйи чоп омадааст. Ҳамин тавр, нисбати иҷроиши бандҳои алоҳидаи нақшачорабиниҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм сухан ронда, таъкид ба миён омад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташкили семинару омӯзишҳо ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо тадбирҳои мушаххас андешанд. Пас аз ҳисоботи муовини якуми раиси вилоят вакилон ва даъватшудагони иҷлосия Маликшо Неъматзода, Ҳамидиён Орзу, Муҳаммадӣ Шарифзода, прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода, сардори РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Талабшо Самадов ва дигарон ба музокира баромада, таъкид доштанд, ки оид ба масъалаи доғи рӯз-пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, бояд пайваста тадбир андешанд. Ҳадафи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” мубориза ба ин амали даҳшатнок мебошад. Дар иҷлосия раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид доштанд, ки нисбати ин масъалаи мубрами рӯз бояд ҳама фаъол бошем. Зеро масоили мазкур яке аз масъалаҳои ташвишовар ба шумор рафта, таъсири ногувори он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ ба бор меорад. Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 “Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 “Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 20122020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаи дигари Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум ба шумор мерафт. Атрофи ин масъала муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 900 ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, аз ин теъдод 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ, 86 ёдгории монументалиро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди вилоят 4 ёдгории нодири таърихӣ, аз ҷумла қалъаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритуз ва Дайри “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш барои ворид намудан ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардиданд. Тавре ки муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ иброз дошт, дар доираи амалишавии Барномаи мазкур ҷузъи “Қалъаи Балҷувон”-и ноҳияи Балҷувон, Мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, қалъаи “Ҳулбук”, ёдгории таърихии Лағмонқалъа, оромгоҳи Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ, Хоҷа Қудбиддини Нишопурӣ, мамнӯъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии қалъаи бостонии Кӯлоб бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар доираи 16 миллион сомонӣ ҷараён дорад. Ҳамчунин, дар давоми амалишавии Барномаи мазкур, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон дар шаҳри Кӯлоб ба маблағи 1 миллиону 585 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру тармим дар ёдгориҳои таърихӣ ва монументалӣ масраф гардидааст. Ҳамин тавр, масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.


ХАТЛОН

Ќ. Њакимзода: “КИШОВАРЗОНИ ДЕЊАИ ЊАВАСКОР БО МАДАНИЯТИ БАЛАНДИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН НАМУНАИ ИБРАТАНД” Гузориш аз ҷараёни сафари кории раиси вилоят ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуз (Аввалаш дар саҳ.1) Раиси вилоят ҷиҳати таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳо, инчунин таҳким бахшидани иқтидори пойгоҳҳои обкашӣ бо мақсади васеъ намудани майдони обёришаванда ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидани заминҳои нав ба масъулон дастур дод. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кориаш ба ноҳияи Қубодиён бо фаъолияти коргоҳи яхмосбарорӣ дар Ҷамоати шаҳраки «Қубодиён», ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд кардаанд, шинос шуд. Соҳибкори инфиродӣ Бахтиёр Раҳмонов маҳсулоти хушсифати корхонаро ба бозору фурӯшгоҳҳои се ноҳия Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав ба фурӯш мебарорад. Айни ҳол дар корхона наздик ба 20 нафар, аксаран бонувони маҳаллӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Музди миёнаи моҳонаи онҳо аз 1,5 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ноҳия ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаи саноат тавассути таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳаллу фасли бетаъхири мушкилоти вобаста ба барқ дар корхонаи соҳибкори маҳаллӣ Б. Раҳмонов дастур доданд. Мушкилоти марбут ба неруи барқ дар ин корхона худи ҳамин рӯз бартараф карда шуд. Дар ноҳияи Қубодиён раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Ҳайиталӣ” дар деҳаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” дидан намуд. Майдони умумии кишт дар ин хоҷагӣ 7, 3 га буда, дар 6 га пахта, дар 0,5 га полезӣ, аз он ҷумла помидор, бодиринг, дар 0,3 га беда ва дар 0,5 га маккаи дон кишт карда шудааст. Роҳбари хоҷагӣ Илҳом Ишмуродов иттилоъ дод, ки дар ин ҷо 8 нафар саҳмдор фаъолият мекунанд. Дар Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз

хоҷагии ниҳолпарварии ноҳия, воқеъ дар деҳаи Ниҳолпарвар боздид кард. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки майдони умумии хоҷагӣ аз 69 га замин иборат буда, дар 4 га боғи себ, 1 га боғи бодом, 1 га боғи шафтолу, 25 га боғи зардолу, 5 га боғи олу, 14 га зардолубоғи нав бунёд гардидааст. Замини боғ пурсамар истифода гардида, дар байни қатори дарахтон кишти зироатҳои ниёзи аввал ва хӯроки чорво анҷом дода шудааст. 57 нафар дар ин хоҷагӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода боғдорону кишоварзон, инчунин масъулони ноҳияи Қубодиёнро ба истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замин, нигоҳубини дарахтон, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ, мусоидат ба содироти мева ва дастгирии соҳибкорон муваззаф намуд. Қурбон Ҳакимзода, инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонии “Маҳмадиполвон” ва “Муҳаммадсодиқ” дар деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин” дидан намуд. Дар хоҷагии “Маҳмадиполвон” боғи бодому зардолу бунёд ва дар 6 га пахта, 0,5 га лаблабу, дар 1,5 га гандум, дар 2,32 га полезӣ, аз ҷумла тарбуз, каду, харбуза, инчунин кабудӣ, лӯбиёгӣ, помидор, офтобпараст ва дар 1 га маккаи дон кишт шуда, 18 нафар дар он саҳм доранд. Хоҷагии деҳқонии мазкур маҳсулоти худро ба бозорҳои дохили кишвар мебарорад. Дар хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадсодиқ” дар 3 га боғи ангур бунёд гардида, дар 4 га пахта, дар 0,8 га помидор, дар 0,8 га боимҷон, дар 0,7 га қаланфури булғорӣ ва дар 0,08 га чормағзи заминӣ кишт шудааст. 13 нафар дар ин хоҷагӣ саҳм доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо аҳли деҳи Ҳаваскор аз маданияти баланди истифодабарии замин, муносибати оқилона ба киштукор дар ин маҳал ситоиш намуда, фаъолияти кишоварзии онҳоро намунаи ибрату омӯзиш арзёбӣ намуд. Дар ноҳияи Шаҳритуз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати корҳои

азнавсозӣ дар бозори марказӣ, ки рӯзи 24 майи соли ҷорӣ он ҷо сӯхтор ба амал омада буд, дидан кард. Сӯхтор, ки тибқи хулосаи оташнишонҳо, бо сабаби расиши ноқили барқ сар задааст, ба соҳибмулкон ҷамъан 4 миллиону 420 ҳазор сомонӣ хисороти молиявӣ расонидааст. Раиси вилоят зимни суҳбат бо соҳибкорон қайд намуд, ки Ҷамъияти “Тоҷикматлубот” бо мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ ҷиҳати дар зудтарин фурсат азнавсозӣ кардани бозор тадбир меандешад. Қурбон Ҳакимзода ба арзи соҳибкорон гӯш дода, оянда риояи ҳатмии қоидаҳои зиддисӯхтор, суғурта кардани молу дӯконро тавсия дод. Маълум гардид, ки то замони сар задани сӯхтор аз 651 соҳибкоре, ки дар бозор фаъолият мекарданд, ҳамагӣ 10-12 нафарашон дӯкони худро суғурта кардаанд. Соҳибкор Мавлуда Ҳаитова аз номи тамоми тоҷирони ин бозор ба унвонии роҳбарияти олии мамлакат барои дастгирӣ дар бозсозии ин иншоот, пешниҳоди имтиёзҳо изҳори сипосу миннатдорӣ кард. Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳритуз Насим Каримов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки то имрӯз аз ҷониби “Тоҷикматлубот” ба маблағи умумии зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ оварда шуда, дар кори бозсозии бозор истифода гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангоравии иншоот ба масъулон дастур дод, ки дар азнавсозии бозор тамоми қоидаҳои зиддисӯхторӣ ба инобат гирифта шуда, бунёди як ҳавзи ғунҷоишаш на кам аз 500 метри мукааб об пешбинӣ карда шавад. Бо дарназардошти ҳавои гарми рӯзона ҷиҳати вусъат додани корҳои бозсозӣ ташкил намудани басти шабонаи кор маслиҳат дода шуд. Пас аз бозсозии бозор, ки дар майдони 0,83 гектар доман густурдааст, барои беш аз 500 соҳибкор шароити фаъолият фароҳам мешавад. Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

МАЊСУЛОТИ ХУШСИФАТИ “ОРИЁН-РУСТАМ”

ҶДММ “Ориён-Рустам” яке аз корхонаҳои калонтарини истеҳсоли ҳасиб дар шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки корхонаи мазкур фаъолияти худро беҳтар ба роҳ монда, истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш диҳад. Роҳбарияти корхона бо дастгирии Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати кишвар таҷҳизоти муосири соҳавиро харидорӣ ва мавриди истифода қарор дод, ки дар натиҷа сифати маҳсулот ба маротиб беҳтар гардида, хароҷоти корхона се баробар коҳиш ёфт. Айни замон дар корхона 18 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд ва баъди ба ис-

тифода додани яхдони нав шумораи коргарон зиёд мешавад. Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати кишвар соли сеюм аст, ки ҶДММ “Ориён-Рустам”-ро дастгирӣ мекунад ва имсол дар назди корхона фабрикаи мурғпарварӣ ташкил намуд. Дар фабрикаи мазкур беш аз 15 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад, ки имкони истеҳсоли ашёи хом барои корхона фароҳам оварда шудааст. Амриддин Рустамов, роҳбари ҶДММ “Ориён-Рустам” дар суҳбат бо мо чунин иброз дошт: “Ҳар моҳ аз ферма ба корхона то 40 тонна гӯшт ворид карда мешавад. То ташкили фермаи мазкур дастрасӣ ба ашёи хом, аз ҷумла гӯшти мурғ хеле мушкил буд. Дар оянда мақсад дорем, ки фермаро васеъ намоем ва дар баробари ҳасиб гӯшти парҳезии мурғро низ ба фурӯш барорем”. Маҳсулоти корхонаи ҳасиби ҶДММ “Ориён-Рустам” дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешниҳоди харидорон гардонида мешавад ва шурӯъ аз моҳи июл сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар имкони дастрасӣ ба маҳсулоти ин корхонаро пайдо хоҳанд кард. Ш. САФАРЗОДА

Ї

Ї

ЛЛ

ТИ МИ

ДА

Њ

Њ

Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст, Зӯри бозуи замон дар ваҳдат аст.

ВА

ВА

ДА

ЧОРШАНБЕ, 24 июни соли 2020, №32 (3268)

ЛЛ

2

ТИ МИ

Федератсияи Россия байни Ҳукумати кишвар ва мухолифин санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин Созишнома самараи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон буд. Ҳадаф аз имзои созишнома ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоитаи мардум буд. Аз соли 2000-ум сар карда, бо мақсади таъмини амнияти дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, баромадан аз буҳронҳо, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар марҳилаи бозсозӣ қарор гирифта, марҳила ба марҳила барқарор гардиданд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризиояти миллӣ бо та-

“Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”. Эмомалӣ РАҲМОН

НАЌШИ ТАЌДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛЌИ ТОЉИК Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 27 июни соли 1997 дар марҳилаи ҳассос қарор дошта, талоши доимӣ баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии даргириҳои хонумонсӯз, хисороти иҷтимоиву иқтисодӣ, алалхусус пешгирӣ аз талофоти ҷонӣ равона мешуд. Неруҳои муқовиматпазиру таъсиррасони бурунмарзӣ мехостанд Тоҷикистони азизамонро ба порчаҳо ҷудо карда, Истиқлолияти давлатиро коста гардонанд. Ҳазорҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ тарки манзили худ карда, дар кишвари бегона сукунат ихтиёр намуданд. Буҳрони иқтисодӣ ба тамоми сатҳи зиндагии мардум таъсири худро расонид. Даргириҳои пай дар пай боиси талафоти ҷонии мардуми шарафманди мамлакат, алалхусус ҷавонони неруманд гардида буд. Молу мулки аҳолӣ талаву тороҷ гардида, ба нестӣ рафт. Ноустувор шудани вазъият ва идома ёфтани даргириҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гардида буд. Гурӯҳҳои ҷудоихоҳ бо мақсади ба даст овардани молу мулк ва соҳиб шудан ба

мансабҳои воломақом даст ба амалҳое мезаданд, ки воқеан нангин ва шармовар буд. Бетарафии намояндагони минтақаҳои гуногун низ барои ҳалли масъалаҳои пешгирии задухӯрдҳои байни гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ташвишовар мегардид. Баъди интихоб шудани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдтар ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият рӯз то рӯз дар Тоҷикистон муътадил шуда, хунрезӣ ва ғорат дар мамлакат хотима ёфт. Талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, марди хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шабу рӯзҳо ба хотири сулҳу ваҳдат равона гардида, неруҳои давлатиро ба ҷустани сулҳ роҳпаймоӣ мекард. Билохира бо талошҳои ин марди бузург, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи ҳамагуна бетартибиҳо, буҳронҳои шадид ва талафоти ҷонӣ гирифта шуданд. Баъди гузаронидани якчанд давраҳои гуфтушунид (с.1994-1997), дар шаҳри Москваи

шаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ гардид, ки он то имрӯз бо маром идома дорад. Яке аз нодиртарин ташаббуси Президенти кишвар ин баргардонидани тамоми гурезаҳои тоҷик ба хоки ватани аҷдодӣ буд, ки ин иқдоми бузург низ дар марҳилаи кӯтоҳ амалӣ гардид. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ биною иншооти харобгашта дар асоси барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ барқарор карда шуданд. 27 июни соли 1997 ҳамчун санаи тақдирсоз барои миллати тоҷик эътироф гардида, дар сатрҳои таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шудааст. Ҳамасола дар фазои сулҳу ягонагӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб санаи тақдирсоз ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи хуҷастаро барои тамоми ҳамдиёрон муборакбод мегӯям. МИРЗОЗОДА Рустам Пираҳмад, раиси Суди вилояти Хатлон

ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ҳар қадар таърихномаи сарнавишти миллат варақгардон мешавад, эътибору шарофати санаи таърихии 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ точанд бештар гардида, чун авроқи тиллоии таърихномаи миллат боқӣ мемонад. Таърих гувоҳ аст, ки офтоби бахти миллати тоҷик баъди ҳазор соли шикасти давлати Сомониён дар оғози даҳаи охири қарни ХХ дигарбора дурахшид ва дар харитаи олам давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон зуҳур кард. Роҳи пешқадамтарин давлатдории дунявию демократиро интихоб намуд. Башарият ба зудӣ ин давлати тозаниҳоди миллиро шинохт ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳон робитаҳои дипломатиро бо Тоҷикистон барқарор сохтанд. Аммо неруҳои бадхоҳи миллат ба чархаи рушди давлати тоҷикон садд гузошта, бо афкори хоинона фазои ороми кишварро тира сохтанд ва мардуми умре дар ҳалқаи иттиҳоду ягонагиву дӯстӣ басарбурдаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ниҳоли акнун сабзидаи истиқлолиятро бо баргу шохаҳои миллихоҳонааш шикастанд. Андешаҳои миллӣ ба ҳар сӯ пош хӯрд. Ҷойи афкори созандаи сиёсӣ, қаламу эҷоду илму маърифат силоҳу кину ҳасуду разолат ҳукмрон шуд. Бародар қотили бародар гардид ва оташи ҷанг точанд фарохтару хатари пора шудани сарзамини аҷдодиро таҳдид мекард. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассоси ҳаёту мамоти кишвар Худованд баҳри наҷоти миллати пурармони тоҷик фарзанди ҷасоратманду миллатдӯстро ба майдон овард ва тоҷи давлатдорӣ ба сараш зеб доду масъулияти ояндаи халқу ватан ба дӯшаш гардид. Нахустин ҳарфи ба забоновардааш: “Ман ба шумо сулҳ меорам” номи ӯро дӯстдори мардум, созандаи ватан ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ гардонд. Таърихи давлатдории навини

тоҷикон бо номи ӯ оғоз шуда, устуворгардонии пояҳои давлатдории Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи мардумсолории ӯ идома дорад. Барои расидан ба сулҳи тоҷикон, фурӯнишонии оташи ҷанг, раҳоии садҳо ҳазор ҳамватанон аз панҷаи асорати бегонагон ва тоза кардани доғи гурезагӣ аз исми онон, ба ҳам овардани бародарони сӯи ҳам теғ кашидаву оштии онҳо ва бунёди кохи муҳташами Ваҳдати миллӣ нақши таъсиргузору беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Сангарҳои вазнини гуфтушунидҳо дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, хусусан дар хоки Афғонистон, бо сарварони гурӯҳҳои бо тиру тӯп мусаллаҳи мухолифини тоҷик нишони шуҷоатмандии Роҳбари ҷавони давлати Тоҷикистон ва қаҳрамонии асили Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Давоми панҷ соли давлатдорӣ солҳои 1992-1997, ки айёми задухӯрдҳои мусаллаҳона, хунрезию талафоти ҷонию иқтисодӣ ва

монеи рушди иҷтимоии кишвар ба ҳисоб мераванд, муҳимият ва арзиши бебаҳои Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи сулҳро, ки ба ваҳдати миллӣ асос гузошт, бори дигар барои наслҳои онрӯзаву имрӯзу оянда дар таърихи миллати тоҷикон абадан сабт кард. “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард”, - гуфта буд Пешвои муаззами миллат дар баромадашон ба ифтихори 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Аз рӯзи бадастоии Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти тоҷикистониён марҳилаи нави барқарорсозии вайронаҳо, устуворсозии шохаҳои сиёсии давлатдорӣ, рӯ овардан ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ, шинохти миллат ва нақши фарзандони миллат дар рушди маъри-

фати ҷаҳонӣ, таҳияи Барномаҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маорифу фарҳанг, тиб ва варзиш амиқтар шурӯъ гардиданд ва Тоҷикистони мо зина ба зина инкишоф ёфта, тараққӣ кард. Ваҳдати миллӣ нуфузи Тоҷикистон, хоса дипломатияи беназири Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори тарҳи сулҳофариниш ва ба ваҳдати миллӣ расидан дар арсаи байналмилалӣ ягона ва сазовори баҳои арзишманди сиёсатмадорони барҷастаи олам гардонд. Ваҳдати миллӣ собитгари хиради азалии миллати тоҷик аст, ки бо дониши қавӣ, огаҳии комил аз таърихи ниёгон, кор гирифтан аз адолати иҷтимоӣ, эҳтироми арзишҳои миллии тӯли солҳо боз ҳам дар замири мардуми тоҷик қавигардида ва қавииродагию якмаромӣ, тафаккури асил, миллатдӯстдорӣ, ҳифзи якпорчагии ватан ва муҳаббати самимӣ ба ин сарзамини аҷдодӣ доштаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид. Ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатиро побарҷо гузошт ва мавқеи давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавӣ сохт. Имрӯз мо, маорифчиён рисолати бештарро бар дӯш дорем. Ҳар кадом моҳияти мафҳуми ватандорию ваҳдати миллиро сидқан дарк намуда, ба он мекӯшем, ки шогирдонро бо таърихи соҳибияти ин рӯзи сарнавиштсози миллат - рӯзи ғолибияти ақл ба ҷаҳолат, хирад бар разолат, дӯстӣ бар душманӣ ва тифоқӣ бар низоъ ошно сохта онҳоро дар рӯҳияи дӯстдории ватан, донишандӯзӣ ва хизмати садоқатмандона ба халқу ватан ба камол расонем. Муҳаммад ОРИФЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


ФАРЊАНГИ СУЛЊ ВА ВАЊДАТИ МИЛЛЇ

27-июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумхурии мо Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Мутаассифона, мо, тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки ин неъмати бузургро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем. Воқеаҳои мудҳиши солҳои 90уми асри ХХ ба сари мардуми мо омада, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт. Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд.

«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст». Эмомалӣ РАҲМОН Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур чунин ваъда доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд. Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Рахмон буд, ки миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни мо, ки парешону

сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ҳам омад. Аз ин хотир қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва су-

АЗ ЌУДУМИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ Дар китоби зиндагиномаи ҳар як фард саҳифаҳое сабт мегардад, ки бо мурури замон арзишаш боз ҳам нуфузу қиммати болотар мегирад. Барои мо-мардуми шарифи вилояти Хатлон бо Пешвои миллат рӯ ба рӯ суҳбат кардан лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ аст. Тайи се рӯзи охири моҳи майи соли ра-

вон вилояти Хатлон шукӯҳу шаҳомати хосса дошт. Аз қудуми Сарвари маҳбубамон, ки саршор аз файзу баракат буд, мо-мардуми вилоят хосса ходимони дин беҳад шоду масрур гардидем. Бо ташрифи Сарвари маҳбубамон зебогиву таровати муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дучанд гардидаву маҳз бо ишироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноташон гуногуни ниёзи мардум мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Кушодашавии иншоотҳо дар вилоят нишонаи заминагузории татбиқи ҳадафи роҳбарияти олии кишвар дар самти саноатикунонӣ арзёбӣ гардида, интизор меравад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар иншооти навбунёд шумораи корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ низ меафзояд. Зимни сафари навбатӣ Пешвои муаззами миллат бо фараҳмандӣ аз фаъолият ва дурнамои самараноки фаъолияти кишоварзон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд. Ҳамзамон таъкид доштанд, ки моро лозим аст заминҳои назиҳавлигиро самаранок истифода бурда, дар мавриди беҳдошти зиндагонии худу мардуми кишвар ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем. Дар ин росто Ҳабиби Худо низ фармудаанд: “Зироат кунед, зеро зироаткорӣ бобаракат аст”. Камолоти инсонӣ ҳамин аст, ки дар баробари беҳбуд бахшидани рӯзгори хеш ба миллату ватан низ хизматгузор бошем, ки дар ин росто маслиҳатҳои падаронаи Ҷаноби Олӣ ба мо неруи дучанд бахшид. Шодем, ки дар сиёсати созандаи Ҷаноби Олӣ яке аз ҳадафҳои судманд ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки заминагузори ин иқдоми наҷибашон аз рушди соҳаи кишоварзӣ низ бармеояд. Чун парвариши навъҳои зиёди маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи замину ҳавои ин минтақа аст,

мардуми шарафманди вилояти Хатлон бо як самимияти хосу муҳаббати ватандорӣ ҳама рӯ ба соҳаи мазкур овардаанд, то ҳар як ваҷаб заминро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ самаранок истифода баранд. Дар яке аз ояҳои сураи муборакаи «Ҷумуъа»-и Қуръони карим омадааст: “Ҳар вақто, ки Шумо адо намудед намозро, пароканда шавед дар рӯи замин”. Матлаб аз ин ояи таъсиргузор дар он аст, ки баробари тоату ибодат мо бояд ҳамзамон пайи ободиву осоиштагии рӯзгори худу мардуми кишвар талош варзем, ки ҳадаф аз офариниши инсон ду чиз аст, яке ибодат ва дуюм иморат. Дар ҷараёни сафари кориашон Пешвои муаззами миллат бо назардошти ҳолати бавуқӯъомадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ - коронавирус, ки аҳли башарро ба изтироб овардааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Қобили ёдоварист, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ба вилояти Хатлон ворид шудани корвони маҳсулоти хӯрокаву маводи доруворӣ иқдоми саривақтӣ арзёбӣ шуда, дар пайравии чунин амалҳои хайру савоб соҳибкорони ватаниву дигар ашхоси ҳиматбаланд низ кӯшиш намуда истодаанд, то кумакҳои беғаразонаи хешро ба ҳамдиёрони ниёзманд чун нишони эҳтирому қадрдонӣ тақдим менамоянд. Дар ин атроф аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбари Худо фармуданд:”Касе, ки мушкиле аз мушкилоти дунявии инсонеро бикшояд, Худованд мушкиле аз мушкилоти рӯзи қиёмати ӯро мекӯшояд”. Дар масъалаи расонидани кумак ба табақаи ниёзманди ҷомеа аз ҷониби ашхоси дорову ҳиматбаланд ва аҳли намозгузорони шаҳру ноҳияҳо борҳо иқдом гирифта шуда, минбаъд низ дар заминаи маслиҳатҳои башардӯстонаи Ҷаноби Олӣ идома хоҳад ёфт. Ва мо, ҳама дуогӯи онем, ки ба зудӣ ин бемории сироятӣ ҷомеаи башариро тарк гуфта, дубора ба ҳаёти осиштаву зебо соҳиб гардем. Бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегирад. Умед аст, то истиқболи ин санаи таърихӣ ҳаёти мардуми кишвар, аз ҷумла зиндагонии мардуми деҳот бо маслиҳатҳои падаронаи Сарвари маҳбубамон боз ҳам зебову ороста хоҳад шуд. Итминони комил дорем ва ҳамеша дуогӯ ҳастем, ки минбаъд низ кори роҳбарияти олии кишвар бобарор, сиҳату саломат ва ҳамеша дар амон бошанд. Усмоналӣ НУРЗОДА, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар

боти сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт”. Ваҳдати мо, дар ҳақиқат, дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ягон нохалаф сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аз ин лиҳоз, замоне расидааст, ки мо-фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Пешвои миллат. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии ватан ва пешрафти ҷомеа ҷаҳд намоем. Фақат ва фақат чунин амали мо ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад. Ва аз забони шоир мегӯем: Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад, Ӯ ба иқболу саодат мерасад. Варқаи ЗАЙНИДДИН, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи якум

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО СУЛЊ ОВАРД Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад ва аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва сарҷамъ созад. Эмомалӣ РАҲМОН Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки он ба давлат талафоти ҷониву молӣ расонд. Сокинони зиёди кишвар аз нобасомониҳои дохилӣ ба кишварҳои хориҷа муҳоҷир шуда, дар ғурбат зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамин солҳо алангаи ҷанги шаҳрванӣ рӯз ба рӯз зиёдтар шуда, тамоми соҳаҳои мамлакат касод шуда, латмае ба истиқлолияти Тоҷикистони ҷавон мезад. Барои муттаҳид кардани ин сарзамини пароканда ва ба як маҷро даровардани ҳаёти мардум ва рушди тамоми соҳаҳо ақли солиме лозим буд, ки аз тамоми бурду бохтҳои зиндагӣ гузашта, таҷрибаи зиндагиро дидааст. Ҳамин тавр, ақли со-

лим ғалаба кард. Аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизорро роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон расонид ва бо ҳиммати баланди инсонӣ миёни он гирудорҳо ва сангарҳои хунин садо баланд кард: “Ман ба Шумо сулҳ меорам!” Ҳамин сухани умедбахш сарнавишти миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшид ва ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд. Пӯшида нест, ки миллати тоҷик ваҳдати миллиро осон ба даст наовардааст. Дар ба даст овардани он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон ҷонбозиҳо карда, барои раҳонидани миллату давлат аз даргириҳо чандин музокиротро бо ИНМТ (иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик) анҷом доданд, ки он аз моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта, то 27 июни соли 1997 давом кардааст, ба анҷом расонид. Баъди се соли музокирот байни намояндагони ҳукуматӣ ва мухолифин натиҷааш ба сулҳ анҷом ёфт. 27 июни соли 1997 дар толори Георгиеви Кремли Маскав, ҳамон қасре ки Лоҳутӣ онро дар достони машҳури хеш “Кремл” васф карда буд, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қабул шуд. Ин муждаи сулҳи деринтизор ба мардуми шарифи тоҷик як неруву қуввае бахшида, барои ба ҳамдигар омадану аз як гиребон сар баровардан ва дар атрофи президети хеш муттаҳид шудан боис гардид. Аз ҳамон рӯз инҷониб мардуми тоҷик бо боварӣ ба ояндаи нек барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз меҳнати софдилона карда истодаанд. Самандари РАҶАБАЛӢ

МАҲКУМ МЕКУНЕМ

ХИЁНАТИ НОБАХШИДАНЇ Ч

анд рӯз аст, ки шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ намоишномаи «Хиёнат»- ро аз фаъолияти ҳизби террористӣ - экстремистии наҳзати исломӣ пешкаши оммаи васеи аҳолӣ гардонида истодаанд. Дар намоишнома дар бораи амалҳои разилонаи хиёнаткороне, ки дар солҳои 90-уми асри 20 ва то имрӯз мақсади нопокашон нисбати халқи тоҷик давом дорад, сухан меравад. Дар қисмати якуми намоишнома бештар аз хусуси собиқ раиси ҲТЭНИ Муҳиддин Кабирӣ сухан меравад. Ӯ ҳамчун ҷинояткор ва хиёнаткор дониста мешавад. Ӯ ба халқи тоҷик хиёнати нобахшиданӣ кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 ҷиноят: куштори бераҳмона, таҷовуз ба номус, хиёнат ба ватан, биосид ва геносид ҳукми қатл муайян шуда буд. Дар моҳи майи соли 2004 бошад, ба ин 5 намуди ҷиноят мораторий (манъ кардани ҳукм ) эълон карда шуд. Вақти он расидааст, ки аз боздошти мораторий бояд даст кашид, чунки хиёнаткорони ватан дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Муҳиддин Кабирӣ, Маҳмуд Худойбердиев, А. Абдуллоҷонов ва боз амсоли инҳо

барин ашхоси кӯрдил нисбати халқи тоҷик ва ватани осуда нияти бад доранд. Ба чунин ашхоси нопок чораи охирин- ҷазои қатлро дидан лозим аст. Ёдовар мешавем, ки дар ИМА низ баъди 17 соли мораторий ба ҷазои қатл бозгаштанд. Дар намоишнома мебинем, ки ронанда, писарамак, хусурбурдаи М. Кабирӣ изҳори таассуф аз бо Кабирӣ ҳамкорӣ ва хешу табориашон карданд. Савол ба миён меояд, ки чаро дар вақти бо ҳам фаъолият доштан ва мумкин чандин ҳазор сомонию доллари муфти Кабириро хӯрдан ӯро аз ин роҳ нагардонданд? Имрӯз, ки ӯ муртад ҳисобида мешавад, онҳо худро мусичаи бегуноҳ меҳисобанд. М. Кабирӣ аз деҳаи Қасамдара мебошад ва ӯро қасам задааст. Зеро шахсе бо номи Худо, модар, ватан қасам мехӯрад, ӯро ҳам қасам мезанад ва ҳам шармандаи ҳар ду олам мешавад. Бинобар ин ба ҷинояткор- паланги тездандон раҳм набояд кард. Зайнулобиддин ҲУСЕЙНОВ, ноҳияи Ёвон

ДА

Ї

ЛЛ

Ї

ЛЛ

ТИ МИ

Њ

Њ

Ваҳдат аст – ин қудрати ҳар давлате, Ваҳдат – ин сармояи ҳар давлат аст.

ВА

ВА

ДА

3

ХАТЛОН

ЧОРШАНБЕ, 24 июни соли 2020, №32 (3268)

ТИ МИ

НЕРУИ МУТТАҲИДКУНАНДА Б. ҶӮРАХОНОВ, соҳибкор аз ноҳияи Ёвон: Созишномаи умумии сулҳ, ки баъди чандин давру марҳилаҳои гуфтушунид байни Ҳукумати қонунӣ ва мухолифин, ахиран 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, нуқтаи ниҳоии ҳадафи пешгузоштаи роҳбарияти олимақоми Ҳукумати Тоҷикистон гардид. Дар ҳаёти кишвар ботадриҷ орому осудагӣ, авҷи пешравиҳо, рушди соҳаҳои гуногун падид омаданд. Аввалин қадамҳои боумеди соҳибкорӣ низ ба мақсади ободонии диёр гузошта шуд. Таваҷҷуҳи Ҳукумат ба фаъолияти соҳибкорӣ зиёд гардид. Соҳибкорони дар дохилу хориҷбудаи кишвари соҳибистиқлол аз ҳусни таваҷҷуҳ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, дар бунёди иншоотҳои хурду бузург, истеҳсоливу хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимиву табобатгоҳҳо саҳм гирифтанд. Пешвои миллат зимни сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ пайваста ёдовар мешаванд, ки ояндаи Тоҷикистон ба заҳмату талошҳои худи мо дурахшон мегардад. Ба ин боварӣ Пешвои миллат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ хонданд. Дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат, ки худ дар роҳи бунёдкорӣ қадамҳои шоиста гузошта аз ҷониби халқ меъмори Ваҳдат унвон гирифтаанд, мо-соҳибкоронро водор месозад, ки баҳри гулгулшукуфии сарзамини аҷдодӣ беш аз пеш саҳмгузорӣ намоем.

Нигина ЮСУПОВА, омӯзгори МТМУ №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: Ваҳдати миллиро, бешак, неруи муттаҳидкунанда хондан ҷоиз аст. Ҳанӯз дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ замоне, ки халқияту миллатҳои 15 ҷумҳурии бародарӣ бо амну осоиш умр ба сар мебурданд, шоири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ин маъниро барҳақ васф намуда буд: Халқи олам дӯст бо мо гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун. Ҳамон ваҳдати комилро, ки миллати ба осонӣ истиқлолият ба дастовардаи тоҷик як муддат гум карда буд, маҳз бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба даст овард. Ин сана, яъне 27 июни соли 1997 дар таърих ба ёдмон ва дар сафҳаҳои он бо хатти зарин сабт гардид. Ҳамин аст, ки ин сана бо феҳристи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардид ва он ҳамасола ботантана ҷашн гирифта мешавад. Тӯли 23 соли тантанаи Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳама якдилу яктан, муттаҳид гардида, баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷаҳд менамоянд. Самти афзалиятноки давлату Ҳукумат, соҳаи маориф низ рӯ ба рушд дорад. Дар ин муддат шароити таҳсилу касбомӯзии ҷавонон беҳтар гардид, шаклҳои нави таҳсил дар соҳаи маориф падид омад, ки хоси давлати демократӣ мебошад. Албатта, ҳамаи ин натиҷаи тантанаи воқеии Ваҳдати миллист, ки таҳти роҳбарии меъмори Ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо партавфишонӣ дорад.

Б. МАҲМАДРАҲИМОВ, сокини шаҳри Бохтар: Ягон кори олам бе ваҳдат, сулҳу салоҳ, ягонагиву муттаҳидӣ пеш нарафтааст. Тинҷиву амонӣ набошад марди деҳқон ҳам дар саҳро фаъолият карданаш дар гумон аст. Ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки ҳадафи пешгузоштаи давлату Ҳукумат дар самти кишоварзӣ ҳалли худро ба пуррагӣ ёфту марди деҳқон соҳиби замин шуд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ хоҷагиҳои коллективӣ ба сохтори нави хоҷагидорӣ -хоҷагиҳои хурду калони деҳқонӣ табдил ёфтанд. Замин ба соҳиби аслии худ расид. Дар ин замина таваҷҷуҳи Ҳукумат, ба хусус ғамхориҳои беназири Пешвои миллат нисбати мардаи деҳқон ба он овард, ки самтҳои дигари соҳаи кишоварзӣ низ равнақ ёбад, баробари пахтакорӣ ва боғдорию токпарварӣ диққати бештар дода шавад. Оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи замин ва ба даст овардани 2-3 ҳосил дар як сол аз мақсадҳои наҷиби Ҳукумат мебошад, ки деҳқонон онро амалӣ менамоянд. Айни замон дар бозорҳои кишвар тамоми фасли сол маҳсулоти тару тозаро пайдо кардан мумкин аст, ки ин аз ташкили мақсадноки гармхонаҳои мавсимиву доимоамалкунанда дарак медиҳад. Агар Ваҳдати миллӣ намебуд, гумон буд дар соҳаи асосии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ-кишоварзӣ пешравиҳо ба даст оянд. Меъмори Ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳояш дар вохӯрию суҳбатҳо аз меҳнати имрӯзаи деҳқонону боғдорон изҳори қаноатмандӣ намуда, натиҷаи меҳнаташонро қадрдонӣ менамоянд. Чунин таваҷҷуҳи Сарвари давлат моро рӯҳбаланд месозад ва пайваста кӯшиш менамоем, заррае ҳам бошад, дар фаровонии бозор ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошем.


4

ХАТЛОН

ВАЊДАТ - БАЌОИ МИЛЛАТ

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдатбақои миллат» дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев бо иштироки як қатор роҳбарону фаъолони шаҳр ҳамоиш баргузор гардид. Дар ибтидо раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда, имрӯзҳо дар чеҳраи ҳар яки мо шодиву нишот танинандоз аст. Ва халқи тоҷик аз пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвари биҳиштосоямон ифтихорманданд. Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар дар баромади худ мардуми шарифи вилояти Хатлон ва сокинони шаҳри Бохтарро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, иброз

дошт, ки ҳамаи пешравию ободиҳо, тинҷию оромӣ, шаҳру деҳотҳои ободу зебо, роҳҳои мумфаршу васеъ, хонаҳои баландошёнаву замонавӣ, мактабу донишгоҳҳои наву барҳаво, сохтмонҳои азими кишвар аз файзу самараи Ваҳдати миллист, ки бо азму талош, сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат ба даст омадааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Бояд қайд намуд, ки дар баробари дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан милитсияи вилояти Хатлон дар таҳкими истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстию ватандустӣ мебошад. Мақомоти корҳои дохилӣ новобаста аз шароити душвори молиявию иқтисодӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, ҳолати вазнину хатарнок вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба Ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони 288 нафар кормандонро аз даст додааст, ки номи онҳо абадан ба некӣ ёд мешаванд. Милитсияи тоҷик имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо

мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа фаъолиятро боз ҳам пурзӯр намояд, неъмати бебаҳо ва муқаддас – вахдати миллии бадастомадаро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд. Дар рафти чорабинӣ, ҳамчунин, нисбати бемории сироятии COVID-19, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, таъкид ба амал омад. Аз ҷумла, имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад, ки мақсади ягона танҳо ҳифзи саломатии шаҳрвандон ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “Мо - миллати тоҷик, халқи тоҷик дар солҳои 90-ум бадбахттарин, сангинтарин рӯзҳоро паси сар кардем, иншоолоҳ ин мушкилии пешомадаро паси сар мекунем”. Ҳамчунин зикр гардид, ки шаҳрвандон бояд ба талаботу меъёрҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамбастагиву ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ҳама ҳолат метавонад мушкилотро барҳам зада, фазои орому осоиштаро барои мо муҳайё созад. Имрӯзҳо ҳамаи моро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок намоем, зеро солимии ҷомеа ояндаи дурахшони миллат аст. Аз номи роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон як қатор фаъолони шаҳр ва раисони маҳаллаҳо барои ҳамкориҳои судманд бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи солимӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Офоқ ҚОДИРИЁН

БА ОЗМУНИ «ЭЪҶОЗИ ИСТИҚЛОЛ»

ХУШҚАДАМ

Ҳама медонем, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кадом шароит ба сари қудрат омаданд. Аз даҳшату ваҳм касе ҷуръат надошт, ки чунин масъулияти баланду вазнинро ба дӯш бигирад. Фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ, ба ифоқа овардани тарафҳои муқобил, таъмини сулҳу салоҳ ва оромии кишвар, баргардонидани гурезаҳо ба ватани аҷдодӣ ва обод намудани харобаҳои ҷангу даҳҳо дигар мушкилиҳоро танҳо иродаи устувору хирадмандонаи фарди ҷасуру тавоно метавонист ҳал намояд. Ба бахти миллати тоҷик ҷавони боақли худодод, мушфиқу дилсӯзи халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин бори гаронро ба дӯш бардошт ва сомон дод. Ҳамин буд, ки оммаи мардум ба ин фарзанди диловару дилсӯзаш нишони эҳтироми оливу ифтихори бепоён: Унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро бо ҷону дил пазируфтанд. Ба ёд меояд он рӯзҳои ваҳшатбор, ки бародар бо бародар дар муқобили ҳам буданд, хуни ҳамдигар мерехтанд. Ҳатто вазъгӯиҳои воизон натавонист ҳолату эҳтимолияти аз байн рафтани давлату миллатро аз байн барад. Танҳо талошҳою аз худ гузаштанҳо ва роҳу нишондоди Пешвои муаззами миллат, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти сангину ҳалокатборро ба эътидол овард. Агарчӣ дар сари ҳалли ин қазия захмин ҳам шуданд, аммо иродаи устувору шикастнопазири ӯро тағйир надод.

Ҷаҳониён ба дастоварди беназири тоҷиконбарқароршавии сулҳу оромии он ангушти ҳайрат газиданд. Холисона эътироф карданд, ки Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яке аз нафарони бузургу нотакрори арсаи сиёсат аст. Пас аз пойдории амният дар саросари кишвар меҳнату субот баҳри ободии ватани азизамон-Тоҷикистон шурӯъ гардид. Бо дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат вазъи осудаи зиндагӣ барқарор мешуд. Давраи аввали созандагию ободкорӣ оғоз шуд. Иншоотҳои азими аср- силсилаи неругоҳҳои обии барқӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард, нақбҳову пулҳои ҷавобгӯи ҳама стандартҳои ҷаҳонӣ ва садҳо муассисаҳои таълимиву табобатӣ, марказҳои хизматрасонву маишӣ бунёд гардиданд. Ба ҳар ҷое, ки қадами мубораки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мерасад, файзбору бобаракат мешавад. Имрӯз Тоҷикистонро яке аз кишварҳои соҳибистиқлоли боамни ҷаҳон медонанд, ки мардумаш дар фазои сулҳу оромӣ кору пайкор мекунад. Ватани азизи мо-Тоҷикистон дар оянда бо заҳмату талошҳои пайгиронаи мардуми меҳнатии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нигини кишварҳои ҷаҳон мубаддал мегардад. Бо дуои маликушшуаро, устод Рӯдакӣ хитобан мегӯем: Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ! Ҳасан САФАРЗОДА, ноҳияи Восеъ

ТАВАҶҶУҲ: МУЗОЯДА!

Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён барои ба фурӯш баровардани амволи ғайриманқул- манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти “Заргар”, деҳаи Пахтакор, хонаи берақам, музояда эълон менамояд. Амволи мазкур аз масолеҳи хишти пухта сохта шуда, масоҳати умумии он 293 метри мурабаъ, сатҳи хона 97,96 метри мурабаъ, аз ҷумла сатҳи фоидаовар 62,90 метри мурабаъро ташкил медиҳад ва аз чор ҳуҷраи зист, мошинхона, 5 анҷомхона, 2 соябон, сарой, ошхона, 2 девор бо ҳуқуқи истифодабарии замин 1829 м.кв иборат мебошад. Савдои оммавии такрорӣ 245004 (дусаду чилу панҷ ҳазору чор) сомониро ташкил медиҳад. Замон ва вақти баргузории музояда: 30 рӯз баъд аз нашри эълон, соати 9:00. Ҷойи баргузории музояда: бинои иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён. Телефонҳо: 8(3245) 2-10-99, 93-300-20-24 .

«ХАТЛОН»

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

ЧОРШАНБЕ, 24 июни соли 2020, №32 (3268)

Ваҳдат – беҳтарин неъмат, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди истеҳсолот, нумӯи даврон дар ҳар давру замон аст. Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Вале аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва

АЗ ВАТАНИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Шукргузори онем, ки миллати тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд,

имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти давлатӣ зарбаи сахт расонида буд. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат кӯшишу ғайрат намуда, иқтисодиёт роҳи бозоргониро пеш гирифт. Қариб ҳамаи заводу корхонаҳои нав бунёд шуда истодаанд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони

«ТОЉИКИСТОН, БА ПЕШ!» И

мрӯз ин сухан шиори кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар гардидааст. Он бори аввал дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” вақти ба истифода додани яке аз агрегатҳояш аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. Аз ҷониби Сардори давлат садо додани ин вожаи таърихӣ мазмуну мундариҷаи баланд дорад. Аввало, Неругоҳи барқи обии “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти азим дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, он дар ҳолати боэътидоли пурра фаъолият кардан на танҳо Тоҷикистон, балки як қисми неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя низ интиқол медиҳад. “Роғун” ифтихори Тоҷикистон аст. Ҳар шабонарӯз дар ин неругоҳи азим ҳазорҳо техника, механизмҳо, мутахассисон, коргарон бо амри дилу виҷдон меҳнат мекунанд. Ҳар кадоме медонад, ки бунёди ин неругоҳ Тоҷикистонро бо барқ пурра таъмин намуда, қисмати дигари барқи истеҳсолшаванда ба давлатҳои ҳамсоя фурӯхта шуда, иқтисодиёти мамлакат ғанӣ мегардад. Баъдтар, шиори “Тоҷикистон, ба пеш!” дар

тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат паҳн гардида, дар ҷаласаҳо, ҷамъомадҳо бисёр одамони номдор, коргарони пешқадам, ихтироъкорону навоварон онро ҳамчун кушоиши кор ба забон мегиранд. Шиор боиси ҷаҳиши кор дар бисёр ҷабҳаҳо гардид. Мардони ҳақиқӣ дар ҳама давру замон ташаббусҳои ватандӯстона зоҳир намуда, мамлакатро тараққӣ медоданд. Кор, одатан, дар иншоотҳои нодиру бузург ҳеҷ гоҳ осон намешавад. Дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” одамони соҳибихтисоси зиёде аз Тоҷикистон, Эрон, Россия ва дигар давлатҳо аҳлона ва эҷодкорона меҳнат мекунанд. Ҳар сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо ба офарандагони нур рӯҳу илҳом мебахшад. Коргарон, мутахассисон, муҳандисон, масъулони участкаҳо қавл додаанд, ки супоришҳоро моҳ ба моҳ ва бо сарбаландӣ адо менамоянд. Экскваторчӣ Раҷабалӣ Сайдалиев ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки бобяш Бароталӣ Сайдалиев дар бунёди силсиланеругоҳҳои “Шаршара”, “Сарбанд” ба сифати сардори бригадаи

СУЛЊ АЗ КИШВАРИ МО ЉИЛВАГАР АСТ Баробари барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имкон пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва саноаткунонии босуръати кишвар, оғоз кардани чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем. Эмомалӣ РАҲМОН 27-уми июн аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 23 сол пур мешавад. Ҳарчанд 23 сол дар назди таърих на он қадар муддати зиёд бошад ҳам, аммо кишвари мо дар ин муддат ба қуллаҳои баланди муваффақият расид. Дар тамоми ҷабҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Ҳадафҳои стратегии Ҳукумат пайи ҳам амалӣ мегарданд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро маҳз Сарвари оқилу донои мо- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ намуда, шуҷоавту матонат, ватандӯстиву раъиятпарварии худро нишон дод. Ба қавли додааш, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» вафо намуд. Дар кӯтоҳтарин муддат, моҳи майи соли 1993 аввалин қатораҳои гурезаҳои тоҷикро аз хоки Ҷумҳурии исломии Афғонистон вориди ватан карданд ва

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

пайи ҳам тамоми муҳоҷирин ба ватан баргаштанд. Ҳамин тавр, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ 8 маротиба бо мухолифон вохӯрӣ гузаронида, билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Масква созишнома ба имзо расид. Имрӯз ҳамаи ободӣ, созандагӣ маҳз аз заҳматҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад, ки ба номи ин гуна бузургон мисраҳои сурудаи Мирзо Турсунзода барҳақ мувофиқанд: Месароям сулҳро дар сози сулҳ, То шавад дунё пур аз овози сулҳ. Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар, Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар. Муҳаммадҷон КАРИМОВ, курсанти коллеҷи милитсия, Эмомалӣ ШАРИФЗОДА, узви ташкилоти «Авангард»

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Комрон РАСУЛОВ Тарроҳ: Сафаралӣ САТТОРОВ

муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоем, шукр аз ваҳдате менамоем, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дошт, шукр аз ваҳдате менамоем, ки бар ивази ҷони садҳо ҷавонони ҷавонмарги баору баномуси халқи тоҷик ба даст омадааст, шукр аз ваҳдате менамоем, ки он бебозгашт асту ба халқи тоҷик хушбахтиҳо овардааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрӯз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст. Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сӯи умеду орзуҳо, ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав ба нави зиндагӣ. Нафаси озоди ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост. Аз ватани худ ифтихор менамоем. Ифтихор аз он дорем, ки ватани моро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифоту пешниҳодоти сулҳовараш мешиносад. Ифтихор аз он дорем, ки ватани мо Тоҷикистон ном дорад, Тоҷикистоне, ки мардуми он тоҷ ба сар буда, таърихи бузург дорад, ки мисли онро таърих ёд надорад. Б. ҚУРБОНИЁН, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

бетончиён кор карда, саҳми сазовор гузоштааст. Имрӯз ҳамкорон ва дӯстонаш он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, дар ҳаққаш суханони самимӣ мегӯянд. Ман ҳам мехоҳам номбардори бобои неругоҳсозам Бароталӣ Сайдалиев бошам. Дигар корманди Неругоҳи барқи обии “Роғун” Раҳмоналӣ Гадоев иброз дошт, ки аз коргари одӣ сар карда, то муҳандисону роҳбарони сохтмон пайваста талош меварзанд қавли дар назди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додаашонро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Сарвари мо барои ҳар кадоми мо азизу муътабар аст. Ба қавли шоир: Султони ҳақиқӣ бувад он кас, ки тавонист, Худро ба бари ҷомеа маҳбуб намояд. Имрӯзҳо, дар ҳақиқат, Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба корзори ҳақиқии меҳнат табдил ёфтааст. Он ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Тамоми мардуми кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ, телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо аз дигаргуниҳои дар ин неругоҳи азим огоҳ шуда, ба кормандони шуҷоатманди он аҳсант мехонанд. Бе муболиға сухани пурҳикмати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон, ба пеш!” ба кормандони ин неругоҳи аср ғайрату илҳоми нав бахшида, онҳоро бо корнамоиҳои шоиста беш аз пеш даъвату сафарбар мекунад. Б. САЙДАЛИЕВ

ОРЗУИ ХАЙРИННИСО-ХОЛА СУЛЊУ ВАЊДАТ АСТ Рӯзи Ваҳдати миллиро сокини Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант Хайриннисо Эшова низ бо шукргузорӣ аз осмони софу беғубори ватан, сиёсати башардӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузору интизор аст. Ин модари қавиирода соли 1992 фарзанди ҷигарбанди ҷавонашро аз даст дода буд. Бегиҷони 18-сола ҳамроҳи амаки табибаш нахустин қурбонии ҷанги таҳмилӣ гардида буд ва модари шӯридадил моҳҳо дами тиру борони аҷал амсоли модаршер фарзандашро ҷустуҷӯ кард. Ҷасади фарзанди ҷавонмарги бегуноҳашро пас аз гузашти моҳҳо пайдо намуд. Ба саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ лаънат хонда, аз Яздони пок таманнои сулҳу оромии Тоҷикистонро намуд. Ниҳоят орзуи холаи Хайриннисо ва ҳазорон модарон ҷомаи амал пӯшид. Тавассути талошҳои меъмори ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид. Зиндагӣ ранги дигар гирифт. Модарон ба орзуяшон расиданд. Холаи Хайриннисо ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо наберагону фарзандон ҷашн мегирад. Пайваста шукри тинҷиву амонӣ менамояд, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос менамояд ва орзу дорад, ки дигарбора ягон модар ғаму доғи фарзандро набинад. ВАХШОНА

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Созишномаи ҳаққи дасткашӣ таҳти №1Ш-667 аз 04.12.2013, ки байни шаҳрванд Холов Аҳмад ва Филиали ҶДММ ТҚХ “ОКСУС” дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) баста шудааст, беэътибор дониста шавад.

Рўзнома дар ЉДММ «Мега-принт» ба табъ расидааст. Ба чопаш 24.06.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №32-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu