Skip to main content

Шумораи №31-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

ба истиқболи рӯзи ваҳдати миллӣ

Таљрибаи сулњи тољикон

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №31 (3267)

чоршанбе, 17 июни соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

ќ. њакимзода: “КОРЗОРИ ЧОРБОѓ ДАЛЕЛИ РАВШАНИ ВАњДАТГАРОИИ МАРДУМИ ХАТЛОН АСТ” Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 12 июни соли 2020 зимни суҳбат бо сокинони аз офати табиии моҳи май зарардидаи ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғ зикр намуданд, ки ҳамдастии тамоми фаъолони вилоят, аз ҷумла ҷавонон, занон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҳизбиён дар кори сохтусози манзилҳои нави зист нишонаи раднопазири ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмии мардуми сарбаланд ва сулҳу субот дар мамлакат аст. Қудратулло Олимов, падари 4 фарзанд, ки алъон бо мусоидати кормандони беморхонаи марказӣ ва дигар ихтиёриён хонасозӣ мекунад, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти давлатӣ ва ҳамаи ёрмандон барои кумакрасонӣ ва ширкаташон дар кори хайр изҳори сипос намуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз хаймаҳои зисти муваққатии шаҳрвандон дидан намуда, онҳоро ҳол пурсиду ҳамроҳашон суҳбат орост. Шаҳрвандон Сафоев Абуалӣ, Музаффарова Сайфия (хонаи №17), Сафоев Ҷаббор (хонаи №21) ва дигарон аз дастгирии бевоситаи роҳбарияти давлат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ карданд. Гуфтанд, ки барояшон на танҳо масолеҳи сохтмонӣ муҳайё шудааст, балки барои кашонидани сангу қум, хишту дигар лавозимот якчанд адад мошини боркаш ташкил кардаанд. Инчунин, нисфирӯзӣ ва шомгоҳ ҳамаи хонаводаҳо ва дастёрони ихтиёрӣ бо таоми гарм таъмин мешаванд.

Бобоҷон Кибориён, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки бо гурӯҳи устодони ин муассиса ба бунёди зербинои яке аз манзилҳо андармон буд, зимни суҳбат гуфт, ки ДДБ сарпарастии корҳои сохтмониро дар хонаҳои №17 ва 43-и деҳи навбунёд ба зимма гирифтааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарият ва ҳамаи омӯзгорони

донишгоҳ барои ташаббуси наҷибашон ташаккур баён намуд. Дар ҷараёни боздид аз маҳаллаи Чорбоғ Қурбон Ҳакимзода, инчунин, ба кори ҳашарчиён ҳамроҳ шуда, мардумро ба вусъати сохтмон ташвиқ намуд. Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020”

Бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ мутобиқи моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 25–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаҳои 10 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қ а р о р м е к у н а м: • Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 тасдиқ карда шавад. • Комиссариатҳои ҳарбии ҳудуди вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёр намудани мутахассисон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо,

барои омода кардани гурӯҳи таълимӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон, чораҷӯӣ намоянд. • Раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва пурра намудани даъватшавандагонро дар курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон на камтар аз 30%-и нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2020-ро дар асоси ҷадвали тақсимот амалӣ намуда, маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд. • Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, интихоб ва пурра намудани даъватшавандагон дар курсҳои кӯтоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заруратдоштаро дар сохторҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хаҷми на камтар аз 5%-и нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2020-ро аз рӯи ҷадвали тақсимот амалӣ на-

муда, маблағгузории онҳоро аз ҳисоби Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таъмин намоянд. • Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои беҳтар намудани сифати интихоб ва тайёр кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешанд. • Роҳбарони корхона ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ба Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят барои сафарбар намудани даъватшавандагони интихобшуда барои таҳсил, ки бо онҳо муносибати меҳнатӣ доранд, мусоидат намоянд. • Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии ма-

дагори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисос аз тарафи даъватшавандаҳо ва беҳтар намудани сифати интихоби даъватшавандаҳо ба таълимгоҳҳои зикршуда корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд. • Идораи телевизион ва радиои вилоят, нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», маҷаллаҳои «Сафо» ва «Меҳровар» доир ба кушодани курсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят оид ба тайёр намудани мутахассис барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва мақолаҳо нашр намоянд. • Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят вогузор карда шавад. Раиси вилояти Хатлон

Қурбон Ҳакимзода

11 июни соли 2020, №163

љАВОНонЕ, КИ ДОВТАЛАБОНА БА САФИ АРТИШ МЕПАЙВАНДАнД, БА КУРСњОИ ОМўЗИШИИ касбазхудкунї РОЙГОН љАЛБ ХОњАнД ШУД Дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020”, тобистони соли ҷорӣ беш аз 1200 нафар ҷавонони хатлонӣ аз курсҳои ройгони омӯзишии ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, асосҳои компютер ва ғайра гузашта, соҳиби гувоҳномаҳо хоҳанд шуд. Ин нукта зимни ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ва Фирӯза Шарифӣ, комиссари ҳарбии ви-

лоят, роҳбарони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят иштирок доштанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қарорҳои батасвибрасидаро “Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020” муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо,

комиссариатҳои ҳарбӣ, раёсатҳои маориф ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои вилоят, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохторҳои мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа тарғибу ташвиқ ва дар васоити ахбори умум инъикос намоянд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ

ва мудофиавӣ ҷоннок ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ таъмин карда шаванд. Раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур гирифтанд, ки илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва пурра намудани даъватшавандагонро дар курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ба роҳ монда, маблағгузории онро аз ҳисоби

буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, инчунин, ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мадагори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дастур доданд, ки дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисос аз тарафи даъватшавандаҳо ва беҳтар намудани сифати интихоби даъватшавандаҳо ба таълимгоҳҳои зикршуда корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд.

Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла, гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар, аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин, хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ҷумла, нақши Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шӯро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани неруҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург мебошад. Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ муваффақ шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки, хушбахтона, халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил шуд. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низ неруи бузурги сиёсие мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи кишварро муттаҳид намудааст. Ин қудрати бузург ва умедбахшест барои ноил гаштан ба ҳадафҳои олӣ, яъне таҳкими сулҳу ваҳдат, устувории давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон. Бо дарназардошти ин, аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санад доир ба тамдиди бемуҳлати Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид. Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои дар Созишнома баёншуда, таъмини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид. Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як муҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири ватан, сарзамин, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гарданд.

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 23 вилояти Хатлон, даъвати шашум рӯзи 23 июни июни соати дар шаҳри Бохтар солисоли 2020,2020, соати 9:00 9:00 дар шаҳри Бохтар бо бомасъалаҳои масъалаҳоизерин зеринбаргузор баргузормегардад: мегардад: 1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 20162020” дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят. 2. Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Оид ба Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят. 3. Ҳисоботи сардорони раёсатҳои назорати давлатии энергетикӣ дар минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №29 “Дар бораи сарфаҷӯии энергия” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят. 4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50, Ховалинг №61 ва таъйин намудани интихобот. 5. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Панҷ №54, Ҳамадонӣ №50 ва Ховалинг №61. 6. Масъалаҳои ҷорӣ.


2

ХАТЛОН зиндагӣ намуда, ба тараққиёту шукуфоӣ ноил гарданд. Мегӯянд “Гузашта дарси зиндагии имрӯзу фардост”. Агар гузаштаро ёд накунӣ, хулоса набарорӣ ба ояндаи хубу нек ноил нахоҳӣ гашт. Аз ин ҷо, мо оид ба вазъи ҳамсоядавлати худ ёдовар шу-

Ваҳдату ягонагӣ, дӯстию рафоқат беҳтарин вожаҳоеанд, ки аз шунидани онҳо касро рӯҳу илҳом, шодию фараҳ, дилгармӣ, накуию накукорӣ фарогир мешавад. Ҳамин аст, ки бузургони мо-шоирону нависандагон пайи талқини ин амалҳои неку писандида мудом ҳарф мезананду менависанд, то мо ин амалҳои писандидаро дар зиндагӣ, ҷомеаи худ корбаст намуда, мувофиқ ба онҳо зиндагию фаъолият намоем. Зеро бе ваҳдату ягонагии халқияту қавмҳо, дӯстию рафоқат коре пеш нахоҳад рафт. Ҳатто ҷомеа ва ё давлат аз пешравӣ, инкишоф мемонад. Дар шароити нооромӣ на қонун фаъолият менамояду на мақомоти назоратии он. Инро дар зиндагӣ хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст. Мисоли равшани ин ҳамсоядавлати мо Афғонистон аст, ки тайи 50 сол боз дар ин кишвар ҷангу ҷидол, куштору хунрезӣ, харобӣ идома дорад. Ҳеҷ не ки дар ин ҷо сулҳу салоҳ, ваҳдат барқарор гардаду мардум орому осуда

Дарҳам шикастани собиқ Иттиҳоди абарқудрати шӯравӣ барои бисёр давлатҳои узви он ҳам созгор буду ҳам мушкилиҳои зиёд овард. Аз ҷумла, барои миллати тоҷик айни муддао буд. Миллате, ки садсолаҳо баъди шикасти давлати Сомониён давлати худро

чоршанбе, 17 июни соли 2020, №31 (3267)

фаро гирифт. Гурӯҳи бо ном оппозитсиюн (чуноне худи наҳзатиён мегуфтанд) тарафдорони роҳгумзадаашро бо яроқ таъмин намуда, дастаҳои мусаллаҳ таъсис доданд. Гурӯҳи мазкур чун саги девона ба ҳар кию ҳар чӣ ҳуҷум мекард, ме-

Сардори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи амалӣ гардидани ваъдаи худ шуд. Борҳо бо намояндагону роҳбарони гурӯҳҳои мухолифин вохӯрӣ намуд. Чуноне аз санадҳои таърихӣ бармеояд, аз оғози моҳи апрели соли 1994 то 27-ум июни соли 1997 дар

бартараф намуда, пайи эъмори ҷомеаи демократӣ ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона гардад. Корҳои созандагию бунёдкорӣ, рӯз аз рӯз ривоҷ ёфта, бо душворӣ бошад ҳам, пеш мерафт. Махсусан, ба соҳаи маорифу тандурустӣ, ки пояи асосии давлат ме-

ВАЊДАТ ТАЊКИМБАХШИ ЌОНУН АСТ

дем, бояд гузаштаи худро низ фаромӯш накунем. Дар солҳои аввали соҳибистиқлоли ҳоли ҷомеаи мо низ хуб набуд. Аз Афғонистони ҳамсоя фарқе надошт. Куштор, хунрезӣ, харобкорӣ мерафт. Қариб ҳафт сол давом намуд. Камонмардон ҳукмравоӣ мекарданд. Қонуну қонуният, мақомотҳои маъмурӣ ва дигар сохторҳо фалаҷ шуда, қариб ки аз фаъолият бозмонда буданд. Бенизомӣ ба дараҷаи аъло расида буд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсатбозию мансабталошии гурӯҳҳои ҷоҳталаб буд. Ҳарчанд ҳизбу ҳизбчаҳо, гурӯҳҳо зиёд буданд, аммо онҳо думрави ҳизби мамнӯи дар тоҷикистонбуда –Ҳизби наҳзати исломӣ буданд. Дар сари чархаи нооромиҳо ҳамин ҳизб қарор гирифта буду дигарон бо ном вуҷуд доштанд. Ҳизби мазкур давоми солҳо дар камин буд, пайти мувофиқ меҷӯст. Вале ба муроду нияти бадхоҳонааш намерасид. Имконияти амалӣ намудани барномаашро надошт.

надошт, соҳибдавлат шуд. Давлати мустақили худро пайдо намуд. Истиқлолияти комили сиёсӣ ва иқтисодии худро ба даст овард. Мутаассифона, мардуми Тоҷикистон аз ин дастовард фориғбол гардида, ба умеди демократияи дурӯғин қисме пайи тарғиби авомфиребонаи мансабталошону ҷоҳталабон рафт. Алалхусус, дар ин бахш «хизмати хирсона»-и ҳизби мамнӯи наҳзати ислом басо калон буд. Ҳизби мазкур бо дастуру супориши хоҷагони берунмарзиашон мардумро ба майдон кашиданд. Мақомоти давлатӣ, хосатан Шӯрои Олии Тоҷикистонро, фаъолият кардан намонданд. Ин ниҳоди асосӣ ва олии давлат ба кӯчаи роҳгумӣ афтод. Иваз кардани роҳбарияти олӣ ҳеҷ суде набахшид. Оқибат ин кашмакашиҳои сиёсӣ ба камонкашӣ, хунрезӣ оварда расонд. Ва аввалин қурбонии дасисакорон дар бинои Шӯрои Олӣ рух дод. Ба ҳамин минвол нооромӣ қисмати зиёди ҷумҳуриамонро

АМАЛњОИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем. Эмомалӣ РАҲМОН Сиёсатмадорон бар он андешаанд, ки агар миллат шахсияти бузург дошта бошад ва ӯ тавонад халқро дар атрофаш муттаҳид гардондаву мардум ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шавад, дар сиёсати мулкдорӣ муваффақ мегардад. Баъди номеҳрубониҳои зиёди чархи гарданда, баъди гузашти ҳазорсолаҳо Офаридгор барои халқу ватани азизи мо фарзанди фарзонаву барӯманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ато кард. Донишу малака, масъулияту худогоҳӣ, машварату маҳфилҳо, ҳамоишҳо, анҷуманҳои худшиносию худафрӯзӣ, ҷасорату хирад, рисолати азалие, ки вуҷуди Пешвои миллатро фаро гирифтааст, замоне, ки киштии орзуву ормони халқу ватан дар гирдоби бало майл ба ғарқшавӣ дошт, раиси Шӯрои Олии онвақта-Президенти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарнишини кордону корозмуда ва раҳнамои моҳир чамбари киштии рӯ ба таназзулниҳодаро ба соҳили мурод расонид. Андешаҳои поку зеҳни гиро, нигоҳи тоза, нерую хирад ҳамсафари ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буду ҳаст. Ҷаноби Олӣ аз оғози фаъолияти сиёсии худ дар баробари баррасии мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ таваҷҷуҳ кард. Сулҳу ваҳдат сабаби беҳ шудани рӯзгори инсонҳо мегашт. Замоне ки пояи сулҳу ваҳдат маҳкаму устувору қавӣ гашт, зиндагии осоишта рӯз аз рӯз талаботеро, ки ба он ҳаёти босаодати инсонҳо ниёз дорад, пеш мегузошт. Хонаи обод, дастархони пурғановат, шуғли дӯстдошта, сайру саёҳат, ширкат дар тӯю шодиву сурур, истироҳати бофароғат, пероҳанҳои мавсимию расмӣ ва садҳо дигар ҷузъиёте, ки раванди зиндагӣ ба он ниёз дорад, тақозо мекард. Вале на ҳар кас ин маъниро дуруст мефаҳмид. Чуноне ки то қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 8 июни соли 2007 ба тасвиб расид, меҳри дабдабаву намоишкорӣ, як навъ мусобиқаҳои бенизоми маъракаороиҳо қалбҳоро тасхир кардаву гоҳо инсонҳо барои гузаронидани маъракаҳои азодориву шодию сурур аз бонкҳо маблағҳои калон қарз гирифта, хешро зери бори маломату қарз мемонданд. Шукри сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат, ки бо қонуни эҷоднамудааш пеши роҳи хурофотпарастони замони муо-

сирро гирифт, вагарна онҳо барои фоидаи хеш маъракаҳои нав ба навро эҷод кардаву ба инсонҳо зарари моддиву маънавӣ мерасониданд. Бо сипарӣ шудани солҳо аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ин қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, буд ба суди инсонҳо хизмат намуда истодааст. Тағйироту иловаҳое, ки ба ин қонун соли 2017 ворид шуд, на танҳо масъулияти масъулонро, балки масъулияти ҷомеа ва ҳар як фарди ин ватани биҳиштосоро дучанд намуда, барои рушду беҳдошти зиндагии мардум кумаки арзанда хоҳад расонд. Чуноне ки ҳамагон ва сиёсатшиносони байналмилалӣ хуб огаҳанд, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва афзалияти андешаҳои созандааш на танҳо дар миёни мардуми кишвар маҳбубият дорад, балки мардумони бурунмарзие, ки аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик огаҳӣ доранд, ба далерию шуҷоат, кордонию афкори созандаи Ҷаноби Олӣ нисбати амалҳои некаш, ки ба нафъи оламу одам аст, эҳтиром доранд. Чор амали оламгире, ки барои ҳифзи муҳити зист, бахусус барои оби софу пок равона гардидааст, мавриди ҷонибдории ҷаҳониён гардид. Амали панҷум мактаби сулҳу ваҳдати комил, амали шашум истифодаи иқтидору иқтисодиёти сабз, амали ҳафтум қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Ҳафт амали шоиста на танҳо дар дохили кишвар, балки марзҳоро убур кардаву бошандагони кишварҳои ҳамсоя аз он ва аз навгониҳои хираду заковати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самара мебардоранд. Мо бояд зери ҳидояту таъкидҳои Пешвои миллат дар доираи қонунҳои амалкунанда барои боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу ваҳдат ва иқтисодиёти кишвар бо дасту дили пок аҳлона меҳнат кунем. Зеро инсон бояд ғуломи қонун бошад, надонистани қонун масъулиятро кам намекунад, чуноне ки фармудаанд: В-агар қонуни меҳан кардӣ инкор, Биояд бар сари ту ранҷи бисёр. Амирҷонзода Саидҷон Амирҷон, судяи Суди ноҳияи Темурмалик

кушт, мешикаст, хароб мекард. Барои ин гурӯҳи хуношом киву чӣ будан фарқ надошт. Омӣ ҳам як буд, олиму роҳбар ҳам. Хуллас, бо ҷидду ҷаҳди зиёд мекӯшид то давлату ҳукуматро ба даст гирифта, ба мақсади ниҳоии худ расад. Хушбахтона, ин гурӯҳи ҷоҳталаб ба мақсади нопоки худ нарасид. Ба бахти миллати тоҷик Худованд фарзанди фарзонаи миллат, марди хирадманду сиёсатмадор Эмомалӣ Раҳмонро расонд. Ӯ дар он шабу рӯзҳои даҳшатбор мардумро сарҷамъ намуд. Баъди сари қудрат омадан дар Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари ҷавону дурандеш Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки то фирориёни иҷбориро ба ватан барнагардонаду сулҳро пойдор насозад, ором нахоҳад буд. Баъдан, барои амалӣ гардидани ин нияти нек ҳамагон чун рамзи садоқат ба ватан Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯсиданду бар дидагон молиданд.

ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрону Покистон, Қазоқистону Туркманистон, Қирғизистон, Россия бо роҳбарони мухолифин музокирот давом намуд. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва шартномаи Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва хиради азалии миллати тоҷик, фарҳангу адаби мардуми тоҷик ғалаба кард. Он рӯз барои кулли мардуми Тоҷикистон ид буд, хурсандӣ буд. Мардум ин воқеаи таърихиро бо ашки шодӣ истиқбол намуданд. Дар таърихи навини миллати тоҷик ин санаи таърихӣ бо хатти заррин навишта шуд. Бояд гуфт, ки ин дастоварди таърихӣ барои миллати тоҷик, давлатдории тоҷик бемислу монанд аст. Зеро бе сулҳу субот, оромию амният на давлат вуҷуд дошта метавонаду на истиқлолияти давлатӣ. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мардуми Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ оқибатҳои даҳшатноки баборовардаи ҷанги шаҳрвандиро

бошанд, диққати хоса дода шуд. Биноҳои нави мактабу муассисаҳои тандурустӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти навтарин таъмин гардиданд ва тавонистанд хонандагонро ба оғӯш гирифта, хизматрасонии тиббиро баланд бардоранд. Бунёди роҳу пулҳо, иншоотҳои зарурии ҳозиразамон, неругоҳҳои барқӣ аз қабили он дигаргуниҳое буданд, ки дар як муддати кӯтоҳ рӯи кор омаданд. Тавассути роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо тавонист, ки масъалаҳои заруриро ҳал намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ барояд. Бо кору пайкори мардуми сарбаланди Тоҷикистон иншооти азими аср-Неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва аз ҳама асосӣ Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бо иқтидори баланд

ба кор дароварда шуд, камбудии неруи барқ ҳал шуда, баробари таъмин гардидани мардум бо барқ, ҳамчунин, корхонаҳои саноатии мамлакат фаъол гарданд. Имрӯз ҷумҳурии мо дар ҳоли пешравӣ буда, ба дастовардҳои навини меҳнатӣ ноил гардида истодааст. Сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии мардуми Тоҷикистон, миллати тоҷик торафт мустаҳкаму побарҷо мегардад. Вале муваффақияту дастовардҳои мо ба чашми ҳасудон, алалхусус душманони миллат, ки берун аз кишвар ҷой гирифтаанд, чун хор мехалад. Аз пешрафти мо ба худ мепечанд. Ин аст, ки барои ноором сохтани ҷумҳурӣ, садди роҳ шудан ба рушду тараққиёти кишвар ва расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз тамоми дасисаю найрангбозӣ, туҳмату носазогӯӣ тавассути шабакаҳои дурӯғину моҷароҷӯ истифода менамоянд. Вале тири каҷ ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф намерасад. Инро мардуми бофарҳангу сарбаланди Тоҷикистон хеле хуб фаҳмидаанд. Сабақи гузашта, ҷангу хунрезӣ ва харобиҳои рухдодаро, ки саркардагонашон онҳо буданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Миллати тоҷик аз азал бо фарҳангу тамаддуни худ миёни дигар қавму халқиятҳо фарқ мекунад. Онро то имрӯз бо худ нигоҳ доштаву аз рӯи он амал менамояд. Сироҷиддин Саидалӣ, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

дар партави паём

Наќши оила дар тарбияи фарзанд

Ба камол расонидану тарбияи дуруст кардани фарзанд қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату ватан ва мардум мебошад. Дар ҷумҳурии мо масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳукми қонунӣ дорад. Аз ин рӯ, волидон барои тарбияи фарзандонашон ҷавобгаранд. Оила дар тарбияи фарзанд нақши муҳимро мебозад, зеро он мактаби аввалини насли наврас аст. Инсон оила барпо менамояд, фарзанд ба дунё меорад, онро тарбия мекунад ва ба пайванди наслҳо нақш мегузорад. Тарбияи дурусти ҳамаҷонибаи фарзанд кори саҳл нест. Аз ин ҷост, ки масъулияти тарбияи фарзанд , ҳамеша муҳим мебошад. Дар тарбияи фарзанд мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пеш аз ҳама волидон ва баъдан омӯзгорон, давлат ва ҷомеа масъуланд. Муҳити хонаводагӣ ва маҳорати фарҳангии он ба ташаккули минбаъдаи шахсияти кӯдак таъсири хуб мерасонад ва ҷавҳари инсонро дигаргун мегардонад. Волидон бо омӯзгорон, ҳатман, бояд робитаи доимӣ дошта бошанд ва назорат баранд, то фарзандони онҳо дониш омӯзанд, ба варзиш машғул шаванд, дарсҳои иловагӣ гиранд

ва касбу ҳунар омӯзанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо чунин қайд намудаанд: “Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон, асосан, дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд”. Агар волидон саводи хуб дошта бошанд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу хушахлоқ ба камол расонанд. Беҳуда нагуфтаанд: “Фарзанди нек - боғи падар, фарзанди бад - доғи падар”. Фарзандоне, ки дар оила тарбияи хуб ёфтаанд, кӯшиш мекунанд, то дигарон низ дар чунин роҳ ба воя расанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” масъулияти волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд бештар намуда, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандро таъмин мекунад. Бояд гуфт, ки Қонуни мазкур тақозои ҷомеа ва замон буда, он барои таълиму тарбияи фарзанди комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани

масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст. Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 9 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки баъзе аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло ҳам беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Бояд падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон масъулият ҳис кунанд, фарзандонро зери назорати қатъӣ гиранд, чун ояндаи фарзанд аз тарбияи дурурсти он дар оила вобастагии калон дорад. Амиршозода Сайфулло Амиршо, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар

нуқтаи назар

Тољики асил баномус мешавад (чанд мулоҳиза дар ҳошияи мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус») Чанд моҳи охир бемории хатарноки вогир, ки бо номи коронавирус маъмул шудааст, давлат ва ҷомеаҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз, бидуни муҳобот, кишвару давлатеро наметавон пайдо кард, ки аз ин вируси хатарзо дар амон бошад. Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳатто қудратҳои ҷаҳоние монанди Амрико, Англия, Олмон, Фаронса ва Россия дар баробари коронавирус оҷиз мондаанд. Боиси таассуф аст, ки ин вабои аср (коронавирус) ба Тоҷикистони азиз ҳам ворид гардид ва табиист, ки нигарониҳои ҷиддиро ҳамроҳ овард. Вале ҳанӯз чанд моҳ қабл раҳбарияти олии давлату Ҳукумат Ситоди умумиҷумҳуриявии зиддикоронавирусиро таъсис дод ва дар ин замина миёни аҳолӣ корҳои зиёди беҳдоштӣ ва профилактикӣ ба сомон расонида шуд. Бояд таъкид кард, ки сарфи назар аз он ки коронавирус бо тамоми қудрат ба минтақа паҳн шуда истодааст, давлату Ҳукумат ва ҷомеаи тоҷик дар баробари он сукут накарда, муваффақона мубориза мебарад. Дар ин миён, табибони ватанпараст ва масъулиятшиноси кишвар қаҳрамонӣ нишон дода, дар ин марҳилаи ҳассос канори мардуми тоҷик қарор доранд. Номусу шараф, виҷдону имон, масъулияту мардонагӣ ва рӯҳияи баланди ватандорӣ, ки аз миллияти тоҷикӣ маншаъ мегиранд,

табибони тоҷикро дар роҳи мубориза бар зидди коронавирус пирӯз мекунад. Мутаассифона, дар ин вазъияти ҳассоси беҳдоштӣ ва равонӣ гурӯҳҳои ифротгарое арзи ҳастӣ мекунанд, ки худро тоҷик ва ватандор вонамуд карда, тавассути иғвогарию дасисабозӣ ва ҳангомасозию воҳимапароканӣ миллати шарафманди тоҷикро бадном месозанд. Ин гурӯҳҳо, ки таҳти сарпарастии созмони экстремистӣ ва террористии наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар амал мекунанд, аз тариқи сомона, расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ маводи ғаразнок ва иғвогарона паҳну пахш менамоянд. Дар ин вазъияти буҳронӣ, ин гурӯҳу созмонҳои зиддидавлатӣ ҳатто аз мусибату бадбахтии миллат истифода карда, ҳадафу ниятҳои нопоки худро пиёда кардан мехоҳанд. Ахиран дар фазои маҷозӣ, аниқтараш дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.anқt.tj) мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

таҳти унвони «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус» нашр гардид, ки дар он бо далелҳо нақшаҳои нопоки душманони миллат дар шароити паҳншавии коронавирус ошкор ва фош шудаанд. Ҷойи нанг аст, ки гурӯҳҳои наҳзатӣ ба номи тоҷики миллатдӯст рӯйи саҳифаҳои интернетӣ пайдо мешаванд ва худро дӯстдору ходими миллати тоҷик унвон мекунанд. Дар мақолаи мазкур ба таври мудаллал собит мешавад, ки наҳзат ва пуштибонони он ҳатто дар шароити вазнини беҳдоштӣ ва равонӣ ҳам сӯйи миллати тоҷик сангандозӣ мекунанд ва ба исми ин миллати шарафманду мутамаддин иснод меоваранд. Бояд дар назар дошт, ки доираҳои наҳзатӣ, ба таври шабакавӣ фаъолият мекунанд ва дар фазои маҷозӣ ва майдони ҷанги иттилоотӣ худро тоҷику миллатдӯст ва меҳанпарасту мардумсолор ҷилва медиҳанд. Бо он ки он тоҷикони ҳувиятбохта ҳамарӯза тариқи расонаҳо ва ВАО аз вазъи номусоиду хатарбори ҷомеаи тоҷик огоҳанд, ба ҷойи ақаллан хомӯш истодан ва халал нарасонидан онҳо ба паҳн кардани маводи иттилоотию таҳлилии муғризона ва иғвогарона машғул мешаванд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо кумаку мусоидати давлату Ҳукумат, табибону пизишкони баномуси ватанӣ ва хориҷӣ алайҳи коронавирус ҳамарӯза

мубориза мебаранд, вале наҳзатиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ воҳимаю ҳангома андохта, ҷомеаро ба шӯр овардан мехоҳанд. Воқеан, чуноне ки дар мақола таъкид мегардад, агар аврупоиҳо забони тоҷикиро медонистанд ва навиштаҳои наҳзатиёнро дар ростои коронавирус мутолеа мекарданд, бар ҳоли онҳо механдиданд. Бубинед, тоҷикони иғвогари наҳзатӣ бо матолиби муғризонаашон як миллати сарбаландро ба маърази масхара мекашанд. Итминон дорем, ки халқи тоҷик бо кумаку дастгирии давлат, мақомоти дахлдор ва табибони миллатпарасту гуманисти тоҷик аз ин балои аср раҳо меёбад, аммо ҷомеаи тоҷик риёкорӣ, дурӯғпароканӣ, худфиребӣ, иғвогарӣ ва найрангбозиҳои наҳзатиёни бурунмарзиро, ки ба хотири қудрату сарват сурат мегиранд ва ба номи миллати тоҷик иснод меоваранд, ҳаргиз намебахшад. Наҳзатиён бояд донанд, ки дурӯғу фиреб, найрангу иғво, бухлу кина ва нафрату бадбинӣ, ки ҳувияти ахлоқии бозигарони наҳзатиро ташкил медиҳад, ҳатман фош мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки тоҷик миллати баору номус аст ва номусдорӣ вуҷуду ҳузури як миллатро дар арсаи зиндагӣ таъйин мекунад. Фозилҷон Нуров, узви ИТЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон

КишоварзӢ

Омилњои манфиатбори рушди соња «Агар замину кӯҳу пуштаҳои водии Вахш оқилона истифода бурда шаванд, он барои таъминоти беш аз 10 миллион аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ кифоя мекунад». Ин суханонро чанд сол қабл аз меҳмони хориҷие шунида будам, ки ба тамошои «Чилучорчашма» омада буд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва дар заминаи хоҷагиҳои бузурги давлатӣ таъсис ёфтани хоҷагиҳои деҳқонӣ истеҳсоли маҳсулоти хӯрока афзоиш ёфта, сатҳи зиндагии сокинон, хоса заҳматкашони саҳро сол аз сол беҳтар мегардад. Бо вуҷуди ин, чуноне аз суҳбат бо хоҷагидорони ботаҷриба бармеояд, бинобар дар рафти кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ, кам ё зиёд истифода бурдани нуриҳои минериалӣ, надонистани маълумоти кофӣ оид ба усулҳои дурусти пешгирӣ аз хуруҷи ҳашаротҳои зараррасон бештари хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонанд. -Дуруст аст, ки бе маслиҳату роҳнамоии мутахассисони соҳа вазъи мелиоративии заминҳо ва ба даст овардани ҳосили фаровон имконнопазир аст, вале на ҳамаи деҳқонон дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ аз тавсияҳои агрономҳо истифода мекунанд,

-андеша дорад Умаралӣ Кучаров, агрономи собиқадори вилояти Хатлон. - Дар сохтори хоҷагиҳои коллективӣ шурӯъ аз давраи ҷуфти замин то ба охири мавсими парвариш: ягона, коркарди байни қаторҳо, обёрӣ, сарчинкунӣ бо тавсияи мутахассисони соҳа пеш бурда мешуд. Аммо хоҷагиҳои деҳқонии навташкили дорои то 10 гектар замин, ки шумораашон дар вилоят хело зиёд аст, аз тавсияи мутахассисони агроном истифода накарданд. ҳамин буд, ки бо истифодаи нодурусти обу замин ва риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзӣ бад шуда, ҳосилнокии заминҳо коҳиш ёфт. Дар натиҷа иддае аз кишоварзон аз ҳаққи саҳмияҳои худ даст кашида, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро қатъ намуданд. Айни замон дар рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ аслан саҳмдороне муваффақ шуда истодаанд, ки донишу таҷрибаи хуби зироатшиносӣ доранд ё дар пеш-

бурди корҳои хоҷагӣ аз хизматрасонии мутахассисони варзида истифода менамоянд. Мушкили дигари кишоварзони вилояти Хатлон ин дастрасӣ надоштан ба заҳрхимикатҳо ва дастурамалу маълумотҳои саҳеҳ оид ба истифодаи дурусти онҳо мебошад. Дар баробари теъдоди камшумори дукону мағозаҳои фурӯши заҳрхимикатҳо ва дигар воситаҳои лозимӣ худи фурӯшандаҳо дар бораи хусусиятҳои маҳлулу хокаҳои кимиёӣ маълумоти кофӣ надоранд. Бинобар ин баъзе деҳқонон заҳрхимикатҳоро аз рӯи меъёри муайян истифода намебаранд, ки оқибати он ба ҳамаи мо маълум аст. Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки роҳи ҳалли ҷумла мушкилоти сохтори кишоварзӣ ин омода намудани растанипарварони касбӣ ва кимиёшиносон аз ҳисоби ҷавонон мебошад. Соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин, ба ташкили ташхисгоҳҳои кимиёӣ ва ҳатто ба роҳ мондани лабораторияҳои кашфу истеҳсоли маводи кимиёӣ эҳтиёҷ дорад. Дар ҳоле, ки дар кишварамон, аз ҷумла, вилояти Хатлон муассисаҳои олии омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ арзи вуҷуд дорад, боист, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҷавонони деҳотро ба касби ихтисосҳои агрономӣ, боғпарвар, кимиёшиносию соҳаи ҳифзи муҳити зист ташвиқ намоем. Зеро чунин ба назар мерасад, ки новобаста ба ташаббусҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ҷавонон барои гирифтани ихтисоси зироатшиносӣ, ё ба қавле ихтисоси агрономӣ камтар таваҷҷуҳ доранд. Ҳол он ки зироатшиносӣ ҳамчун муҳимтарин риштаҳои илм арзёбӣ гардида, барои сарсабзу шукуфо мондани сайёра ва баҳрамандии инсоният аз неъматҳои табиӣ нақши бузург дорад. Ҷ. САЙФИДДИНОВ

Гулбоѓи Холмањмад Айёми наврасӣ Холмаҳмад ниҳолпарвариро дӯст медошт. Тамошои боғ ба ӯ олам - олам хушҳолӣ мебахшид. Манзараи аҷибе дошт ҳавлии онҳо дар тирамоҳ. Ниҳолҳои себу анор, зардолу, шафтолу, ангур, олу, олуча ва дигар дарахтони мевадор ба ҳавлӣ ҳусни тозае зам мекарданд. Холмаҳмад аз ин зебогиҳо ба ваҷд омада, боре ба падараш гуфт: -Ҳавлиамон биҳишти рӯйи заминро мемонад. Калон шавам мисли шумо, албатта, боғпарвар мешавам. Солҳо чун қатори турнаҳо гузаштанд. Холмаҳмад Атавуллоев ҳам ба мисли навниҳолони боғашон бо гузашти солҳо ба камол расид. Рӯзҳои шодиву нишот, рӯзҳои нотакрори зиндагӣ ҳастии ӯро ба зиндагӣ гармтар кард.Оили барпо кард. Бо гузашти вақт дар оила фарзандонаш Сафар, Гулистон, Абдураҳмон, Сайлигул, Аноргул, Бозоргул ба дунё омаданд... Овозаи ободонии Тошробод дар ноҳияи Колхозобод (ноҳияи ҳозираи Ҷ. Балхӣ) ҳам расид. Аз бисёр шаҳру ноҳияҳо ба мавзеи ноободи Тошробод мардони ҳимматбаланд, деҳқонони асил ба кор меомаданд. Ҳазорҳо гектар замини нав корнамоиҳоро тақозо дошт. Кор осон набуд. Замини обнарасида, бо обмонӣ фурӯ рафта, кӯлҳо ва ғорҳо ба вуҷуд меомад. Холмаҳмад Атавуллоев ҳам, соли 1979 дар қатори хешовандон ба ин мавзеи нообод кӯчида омад. Ҳамаи ин манзараҳоро бо чашми худ медид. Вале наҳаросид, дудила ҳам нашуд, андеша кард: “Мард бошӣ ба майдон баро, ҷойи ноободеро обод бикун, дар замини ҳамвору бемашаққат ҳама кор карда метавонад. Аҳсант ба онҳое бод, ки чунин маконҳои ноободро бо заҳмати зиёд обод мекунанд. Ин амали ҷавонмардӣ, ин мардонагӣ, ин корнамоӣ аст”... Холмаҳмад Атавуллоев ва дӯстонаш Тешабой Убайдов Нусратулло Атавуллоев ва дигарон ба мушкилиҳо тоб оварда, ботлоқзорҳоро хушконида, заминҳои ноҳамворро тахту ҳамвор карда, пахта ва дигар зироатҳо кишт мекориданд. Директори аввалини совхози “Правда” (он солҳо хоҷагӣ чунин ном дошт) Сангалӣ Раҳимов нахустфотеҳони ин водиро рӯҳбаланд карданӣ шуда мегуфт: - Бародарон, мо дар сарҷамъӣ кӯҳро ҳам талқон мекунем. Мебинед, солҳо мегузаранду ин даштҳои сӯзон бо қувваи мову шумо ба водии сабзу хуррам, ба макони пахтаи аълосифат ва меваҳои шаҳдбор табдил меёбанд. Албатта, оғози ҳар кор мушкил аст. Асосаш об ҳаст, замин ҳаст, манзил сохта истодаанд. Замоне фаро хоҳад расид, ки ин диёр ба шаҳрҳои ҳақиқӣ монанд гашта, фотеҳонро бошад, бо ифтихору сарфарозӣ ном мегиранд. Холмаҳмад Атавуллоев, Тешабой Убайдов, ва дигар

3

ХАТЛОН

чоршанбе, 17 июни соли 2020, №31 (3267)

дӯстон бо амри дилу виҷдон меҳнат карда, самараи онро медиданд. Аз заминҳои нав соле ҳазорҳо тонна “Тиллои сафед”, меваю сабзавот, зироатҳои полезӣ, ғалладона ва ғайра рӯёнида, муҳоҷирон вазъи зисту зиндагонии худро беҳтар менамуданд. Вале ҳанӯз мушкилиҳо кам набуд, бахусус фасли зимистон роҳҳои пурлой на танҳо равуои одамон балки ҳаракати техникаро ҳам мушкил мегардонд. Солҳои минбаъда бо кӯшишҳои давлат ва Ҳукумати кишвар роҳҳо сангфарш шуда, пойгоҳҳои пуриқтидори обкаш бунёд гардиданд. Мутобиқи нақша, силсилаи хонаҳои зебои ҳозиразамон, бинои мактабҳо, беморхона, идора ва ғайра сохта шуда, маркази хоҷагӣ зебою дилпазир гардид. Дар баробари рушд ёфтани соҳаи кишоварзӣ корҳои ободонӣ, сохтмон, сабзгардонӣ равнақ ёфт. Маркази совхоз ба шаҳраки нави замонавӣ монанд гашта, фарзандони меҳнаткашон дар мактабҳои ҳозиразамон таҳсил намуда, одамон шоду сарфароз кору зиндагӣ мекарданд. Холмаҳмад Атавуллоев орзуҳои некашро амалӣ мекард. Ӯ дар ҳавлиаш боғи зебое бунёд намуд. Дилаш ором намегирифт, талу теппаҳо бешумор буд. Ӯ дар бағали талу теппаҳо қариб сесад бех шафтолу, зардолу, олу, бодом, писта ва дигар ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида, ба парвариши онҳо машғул шуд. Бо гузашти солҳо дарахтон ба ҳосил даромада, ба табиат ҳусни нав зам намуданд. Роҳгузарон аз меваҳои парваридаи Холмаҳмад ком ширин карда, дар ҳаққаш суханони неку самимӣ мегӯянд. - Ман бекор нишаста наметавонам,- мегӯяд Холмаҳмад Атовуллоев.- Замоне ба мавзеи Тошробод кӯч бастем, ин ҷо ба ғайри дашти сӯзони гармсел чизе набуд, ақаллан дарахте набуд, ки дар сояи он коргарон лаҳзае нишаста, нафаси озод кашанд. Имрӯз ба куҷое нигаред, ҳама ҷо дарахтони мевадиҳанда, аз тамошои боғҳои дилкушо баҳри дилатон кушода мешавад. Дар ҳақиқат, дасти одам гул аст, заминҳои бекорхобида, даштҳои нопайдоканорро ба водии нозанин, сабзу хуррам табдил додем. Имрӯз водии Тошробод водии гулпӯш ва зебою пуршукӯҳ мебошад. Холмаҳмад Атавуллоев номи собиқ роҳбарони хоҷагӣ Сангалӣ Раҳимов, Амонулло Раҳмонов, Аброр Султонов ва дигаронро бо меҳрубонӣ ба забон гирифта, мегӯяд, ки саҳми онҳо дар ободонии ин макон бекарон аст. Солҳо ва замонҳо дигар шавад ҳам, одамон онҳоеро, ки корҳои шоиста ва беназирро дар диёре анҷом додаанд фаромӯш намекунанд. Яке аз ҳамин гуна фотеҳон марди диловар, хоксор, фидоӣ Холмаҳмад Атавуллоев мебошад, ки пиру барнои ин диёр ӯро мешиносанд ва номи некашро бо самимияту эҳтиром ба забон меоранд. Б. Сайдалиев “Хатлон”

даргоњи дорои сарчашмањои таърихї Сохтори бойгонӣ дар нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нақши созгор дорад. Маҳз тавассути истифода аз ҳуҷҷатҳои дар бойгонибуда мо метавонем ба гузаштаи хеш назар карда, бо таърихи бою рангинамон ошно гардем. Тавре воқеият собит месозад, имрӯзҳо зарурияти зиндагӣ бисёре аз шаҳрвандонро водор менамояд, ки баҳри ба сомон расонидани корҳояшон ба ин даргоҳ муроҷиат намоянд.

Идораи бойгонии шаҳри Кӯлоб фаъолияти хешро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи худ ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо айни замон 309 хазина, 42 818 парвандаи (барои солҳои 1946-2018) дарбаргирандаи ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб нигоҳдорӣ карда мешаванд. Идораи бойгонии шаҳри Кӯлоб соли ҷорӣ ба 93 дархосту аризаҳои шаҳрвандон, 21 адад пурсишҳои шаҳрвандони хориҷи кишвар ҷавобҳои қаноатбахш гардонидааст. Зимни коркарди ҳуҷҷатҳо 51 парванда коркард шуда, ба нигоҳдории давлатӣ бо санади қабул ворид шуданд. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бо тар-

зи мутамарказ ташкил намудани хизматрасонӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳо» ба муҳлати 75 сол нигоҳдорӣ шуда, баъди гузашти муҳлат онҳо нобуд карда мешаванд. Хурсандиовар аст, ки бо ташкили ҳукумати электронӣ имконият фароҳам меояд, то ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ тариқи электронӣ ба таври доимӣ нигоҳ дошта шаванд. Кормандони бойгонӣ аз соли 2018 то инҷониб саҳифаҳои ҳуҷҷатҳоро ба шакли электронӣ гузаронида истодаанд. Айни замон, дар идораи бойгонӣ 2 адад компютер бо таҷҳизоти нусхабардорӣ фаъол мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» дар назди кормандони соҳа вазифаҳои нав ва масъулияти беш-

Ба кашфу кўшоиши муаммоњо мерасем Экспертизаи тиббӣ-судӣ ҷузъи ҷудонашавандаи соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, дар рушду нумӯи риштаи тиб, солимии ҷомеа ва самти мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ нақши ниҳоят муҳим дорад. Бо пешрафту тараққиёти ҷаҳони муосир ва рушду навгониҳои илму-техника талаботи ҷомеа ва сохторҳои қудратӣ ба сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи экспертизаи тиббӣсудӣ дучанд меафзояд. Экспертизаи судию тиббӣ ҳалли муаммоҳое, ки хусусияти тиббию биологӣ доранд, инчунин ошкор намудани ҳолату ҳодисаҳоро дар фаъолияти мақомоти қудратӣ иҷро менамояд. Мутахассисони Маркази экспертизаи судию тиббии вилояти Хатлон аз 10 нафар, аз ҷумла 6 коршиноси соҳа ва 4 нафар духтурон иборат мебошад. Марказ тибқи қарори №600и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамчунин, аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон маблағгузорӣ карда мешавад. Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби коршиносони судию тиббии марказ ва шуъбаҳои зертобеи он 62 хулосаҳо аз рӯи муоинаи зоҳирии ҷасадҳо бароварда шуда, ҳамзамон, 21 санад тариқи гузаронидани муоинаи ташреҳии ҷасадҳо ба қайд гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки новобаста ба донишу таҷрибаи мутахассисони соҳа, тамоми хулосаҳои экспертизаҳои судӣ – тиббӣ бидуни таҳлилҳои лабораторӣ асоси илмӣ надоранд. Ин аст, ки бинобар мавҷуд набудани ташхисгоҳҳои му-

осири соҳавӣ баъзан хулосаҳои баровардаи мутахассисон далели кифояи илмӣ надоранд ва саҳеҳ будани онҳо зери шубҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегирад. Вобаста ба мушкилоти ҳалталаби соҳа мо ба унвонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбута муроҷиат намудаем, то ин ки бобати ташкили шуъбаи генетикӣ дар назди Маркази вилоятии экспертизаи судию тиббӣ мусоидат намуда, ҳамзамон, бобати таъмиру барқарорсозии майитхонаҳо ва бо таҷҳизоти лозимаи ташхисӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо чораҳои мушаххас андешида шаванд. Барои гузаронидани ташхиси шаффофу хулосабарории экспертизаи судӣ- тиббӣ эксперти қонунӣ дар ошкор намудани сабабҳои ҳодиса нуқтаи назари бетарафу дақиқбинона дошта, на ҷониби айбдоркуниро гирифта метавонад на аз муҳофизро. Маҳз ҳамин меъёрҳои касбӣ ва донишу таҷриба ва диди хосу ташхиси дақиқи лабораторӣ имкон медиҳад, ки эксперт сабабҳои ҳодисаи ҷасадҳои чандинсоларо ҳам муайян намояд. Агар ба воқеият нигарем 70-80 дарсади далелҳо бобати ошкор намудани сабабҳои марги мармузи одамон дар пояи хулосаи эекпертизаи судӣ- тиббӣ гирифта шуда, 20-30 дар-

тареро мегузорад. Талабот водор месозад, ки ҳар як корманд дар вазифаи ишғолкардаи хеш масъулияти баландро дарк намуда ба халқу ватан содиқона хизмат намояд, бо истифода аз восита ва имкониятҳо хизматрасонӣ ба мардумро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монад. Бо дарки ин масъулият, кормандон дар ин даргоҳе, ки таърих маҳфуз аст, ба он мекӯшанд, ки аз уҳдаи вазифаҳои хизматии хеш бо сарбаландӣ бароянд. Далер Абдуллоев, директори Идораи бойгонии шаҳри Кӯлоб

сади далелҳоро нишондоди шоҳидону дигар нафарон ташкил медиҳад. Аз сӯи дигар, инсон қодир аст, ки дар ҳолатҳои гуногун шоҳидии худро дигар намояд ва ё онро фаромӯш карда, ё ин ки ба хатову иштибоҳ роҳ диҳад. Вале экспертизаи суддӣ- тиббӣ дар ҳама маврид бояд ба суолҳои пайдошуда ҷавоби дақиқу илман санҷидашуда диҳад. Хулосаҳои экспертизаи судӣ-тиббӣ нисбат ба ҳодисаҳои лату кӯби шаҳрвандон аз ҷониби шахси дигар аз самтҳои дигари фаъолияти мо ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, сокинон аз ноогоҳӣ ва ё беэътиноӣ нисбат ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа дар ҳолатҳои аз ҷониби нафаре мавриди шиканҷа ё лату кӯб қарор гирифтан сари вақт ба Марказҳои экпертизаи судӣ-тиббӣ ва намояндагии он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намекунанд, ё вақте муроҷиат мекунанд, ки аз санаи ҳодисаи лату кӯб шуданашон вақти зиёд гузаштааст. Таҷрибаи ҳамкории аҳолӣ бо сохтори эекпертизаи суддӣ-тиббӣ дар кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки бо мурури фаъолнокии мардум дар муроҷиати саривақтӣ ба эксперти суддӣ-тиббӣ ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа коҳиш ёфтааст. Дар воқеъ, агар шаҳрвандони мо, бахусус духтарону бонувон дар сурати мавриди зӯроварӣ қарор гирифтанашон сари вақт ба мо муроҷиат кунанд, пеши роҳи ин ҳодисаҳоро метавон гирифт. Мо-кормандони Маркази экспертизаи судию тиббии вилояти Хатлон боварии комил дорем, ки бо фароҳам сохтани ташхисгоҳҳои замонавии барои таҳқиқҳои биологӣ, кимиёӣ, генетикӣ, бофталогӣ ва ташхисҳои психологӣ дар ошкору муайян намудани ҷароҳатҳои ба одамон расонидашуда ва кашфу муайян намудани мураккабтарин муаммоҳо муваффақ мегардем. Шавкат Баҳодиев, эксперти тиббии Маркази экспертизаи судию тиббии вилояти Хатлон

нашъамандї - вабои аср Фариддудини Аттор гуфтааст: «Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонида, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад…». Яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби глобалии ҷаҳон ин вабои аср-нашъамандӣ мебошад, ки насли ояндаи ҷамъияти башарро ба хатар андохтааст. Нашъамандӣ инсонро аз чор тарафаш иҳота карда, ба доми ғафлат мекашонад, ки дар натиҷа аз ҷамъият қафо монда натанҳо худро ба ин беморӣ пойбаст мегардонад, балки тамоми оила ва хешу ақрабояшро низ ба пастиҳо оварда мерасонад.

Ин бемории ғайриодӣ одамро боз ба дигар кирдорҳои ношоиста тела дода, оқибат инсонро ба вартаи марг ё кунҷи зиндон мекашонад. Имрӯзҳо барои пешгирӣ аз ин амалҳои нанговар дар тамоми олам, алалхусус дар Тоҷикистон аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ: мактабҳои таҳсилотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва суҳбатҳои озод мегузаронанд. Ин ғамхории давлат ба халқ,

ҷавонон ва наврасонро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб ба монанди нашъамандӣ, дуздӣ, кӯштор ва дигар намудҳои ифротгароӣ боз медорад. Бунёди майдончаҳои варзишӣ, сехҳои қаннодию дӯзандагӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ бо он мақсаданд, ки дар вақтҳои холигӣ наврасону ҷавонон ба оворагардӣ машғул нашаванд, ба корҳои ношоям даст назананд. Бо сарбаланди гуфта метавонем, ки ин гуна мушкилиҳо роҳи ҳали худро дар иттифоқии ҷамъият, ёфта ҳеҷ гоҳ, сади роҳи пешрафти ояндаи неки халқу миллати тоҷикро гирифта наметавонад.

Иқдоми гирифтаи неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмомӯзӣ ва меҳри касбу ҳунар, хислатҳои нек ва меҳнатдӯстиро дар замири ҷавонон бедор мекунад. Ба ин васила онҳо метавонанд бо як сарбаландӣ дар рушди ҷомеа ва ояндаи халқу миллат саҳм дошта бошанд. Ин аст, ки ҷавонони мо имрӯзҳо дар ҳама гуна чорабиниҳо ва конференсияҳои илмию фарҳангӣ, умуман дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими таърихию сиёсӣ иштироки фаъолона доранд. Фарзона Раҳмонова, Ардашер Раҳмонов

Кўшониён: АЗБАЙНРАВИИ НОРАСОИИ СИНФХОНАЊО Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маориф ба тадриҷ рушд ёфт. Дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар барои таълиму тарбияи насли наврас шароиту имкониятҳои хуб муҳайё мегардад. Ин ҳама дар самти беҳ гардидани вазъи кори таълиму тарбия ва боло рафтани сифати таълиму тарбияи мактаббачагон мусоидат мекунад.Кибирё Нурмаҳмадзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён. Бино ба маълумоти мудири маориф дар ин давра дар ноҳия бинои муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ қомат афрохта истодаанд. Ин раванд дар ноҳияи Кӯшониён назаррас аст. Чунончӣ, дар соли таҳсили 2019 – 2020 дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, воқеъ дар деҳаи Гулистон

бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкори маҳалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бошад, бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 16 синфхона барои 400 ҷойи нишаст бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, воқеъ дар деҳаи Ниҳолпарварӣ бинои таълимии нав иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва шахсони эҳсонкор қомат афрохт. Ғайр аз ин, рӯзи 20 марти соли 2020 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир

Расулзода бинои дуошёнаи нави таълимии иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 иборат аз 13 синфхона барои 325 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) ба маблағи 3 миллиону 550 ҳазор сомонӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. -Ба ҳамин монанд дар назди як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дигари ноҳия биноҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар бунёди аксари онҳо соҳибкорону саховатмандон саҳм доранд, - иброз медорад мудири шуъбаи маорифи ноҳия Кибриё Нурмаҳмадзода. С. АЗИЗӢ


4

ХАТЛОН ба озмуни «Эъҷози истиқлол»

УМЕДҲО ГУЛ КАРДАНД Рӯзҳои орому шабҳои мусаффои имсолу пору пори дигар маҳсули меҳнати пурзаҳмати одамони некхоҳ буданд, ки ба мо ва наберагони мо насиб гаштанд. Хандаи беолоиши кӯдакон, шукронаи пирони нуронӣ гувоҳи онанд, ки рӯзҳои пур аз тарсу ҳарос, ноумедӣ, танқисии хӯрокию пӯшокӣ пушти сар монданд. Вале он рӯзҳоро набояд фаромӯш кард... Соли 1992. Дар ин соли пур аз таҳлукаю ноумедиҳо дар комитети иҷроияи ноҳияи Ёвон вазифаи котиби комиҷроияро ба уҳда доштам. Норизоии одамон аз Ҳукумату мансабдорон, гурӯҳкашию гурӯҳбозиҳо, озодандешии давраи Горбачёвӣ мардумро ба умқи якдигарнофаҳмиҳо мекашид. Ҳар кас, хоҳ калону хоҳ хурд, хоҳ мансабдору хоҳ бе мансаб, хоҳ хондагию хоҳ нахонда худро ба сиёсат мезад. Ба якдигар фаҳмонданӣ мешуданд, кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ ва ин довариашон ба хусумати байни якдигар овард. 24 апрели соли 1992 қатори автобусҳои пур аз одам, ки аз Кӯлоб меомаданд ва тарафдори Ҳукумати қонунӣ буданд, дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) бо фишори издиҳоми зиддиҳукуматӣ баргардонида шуданд ва бо роҳи мошингарди Ёвон ба майдони “Озодӣ”-и шаҳри Душанбе рафтанд. Дар шаҳри Душанбе ду майдон –Озодӣ ва Шаҳидон ташкил ёфт. Акнун бародар бо бародар, падар бо писар, ҳамсоя бо ҳамсоя бо ҳам муқобил истоданд. Дар моҳҳои июл-августи моли 1992 аксари роҳбарони ташкилоту муассисаҳо корро парфтофта, ба куҷое, ки рост омад, фирор карданд. Дуздию ғорат кардани нуқтаҳои савдо ва корхонаҳо оғоз ёфт. Вазъияти ба амаломада низоми корро фалаҷ сохт. Бо вуҷуди фалаҷёбӣ ҳукумати ноҳия вазъи кории худро дошт. Бо сардории раиси Комитети иҷроия Қурбоналӣ Азизов, ҷонишини раис Ҷунайдулло Бӯриев масъалаҳо вобаста ба ҳамон рӯзҳо ҳаллу фасл мегардиданд. Дар маҷлисҳои ситоди ноҳиявӣ масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тайёрӣ ба ҷамъоварии пахта, шир, гӯшт, зимистонгузаронӣ, сохтмон, нақлиёт дида мешуданд. Тобистон бо таҳлукаву сарддилиҳо гузашт ва Ҳукумати муросоии миллии ҷумҳурӣ вазъиятро муътадил карда натавонист. Дар ноҳия низ вазъият бадтар мешуд. Дастаҳои мусаллаҳ гуё тарафдори ҳукумати қонунӣ бошанд, амал мекарданд, ҳар гуна қонунвайронкуниҳо дар заминаи анархия ва бесалоҳиятии ҳокимияти марказӣ рух медоданд. ххх Дар моҳи сентябр низ дар ноҳия якчанд воқеаҳои нохуш аз тарафи қувваҳои мухолифин ва ба ном ҳукуматӣ рух доданд. Ҳангоми сафар ба дидбонгоҳи ағбаи Чормағзак Қ. Азизов, Ф. Нозимов, К.Ёров ва чанде дигарон гаравгон гирифта шуданд. Моҳи октябр барои аҳолии осоиштаи ноҳия моҳи нооромиҳо буд. Сардори шуъбаи корҳои дохилӣ Қ.Малахов, сардори управленияи хоҷагии қишлоқ С. Малахов ҳамроҳи писараш Ҷунайдулло аз тарафи дастаҳои мусаллаҳи Восит гаравгон гирифта, ба қатл расонида шуданд. Дастаи ҳунарии Кароматулло Қурбонов бо ҳамроҳии 5 нафар фарзандони ёвонӣ (ҳамагӣ 13 нафар) дар шаби 18 октябр дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана аз тарафи яроқдорони Восит кушта шуданд. Инчунин, дастаҳои мухолифин ба деҳаи Парчасой даромада, 26 нафар одамони бесилоҳро дар як пагоҳирӯзӣ парониданд. Бедодгарию ғораткуниҳои хонаҳои одамони бесилоҳ, авҷ мегирифт. Водии Ёвон майдони ҳарбу зарби одамони силоҳдор гардида буд. Дар чунин лаҳзаҳо муҳофизони ҳифзи ҳуқуқ бетарафиро ихтиёр карда буданд. Шуъбаи корҳои дохилӣ аз тарафи дастаҳои мухолифини Орҷоникидзеобод (шаҳри Ваҳдат) ба ғорат рафта буд. Комитети бехатарӣ низ дар ҳолати беамалӣ қарор дошта, зеро корманди ин ниҳодҳои бонуфуз Ҷумъахон Қурбонов дар як амалиёт дар гардиши наздикии деҳаи Ғарав аз тарафи мухолифин паронда шуд. Ноҳияи Ёвон мисли дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳалқаи таҳдиди буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ монда буд. Дар комитети иҷроияи ноҳия 2-3 нафар кормандон кор мекарданд ва онҳо ҳам бо ҳисси

ватандустӣ, инсондустӣ ва, пеш аз ҳама, барои ояндаи ҷамъият заҳмат мекашиданд. ххх Моҳи октябри соли 1992 аз Шӯрои Олӣ занг заданд, ки дар нимаҳои моҳ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Иҷлосияи вакилони мардумӣ баргузор мегардад. Дар қатори вакилон бояд намояндаҳои ҳизбҳо низ иштирок кунанд. Намояндаҳои мардумӣ, Сироҷ Муродов, Қудрат Урунов, Шамма Пардаев, Раҷаббек Қодиров бояд, дар Иҷлосияи навбатӣ иштирок менамуданд. Онҳо хабардор карда шуданд, ки Ҳукумати муросои миллӣ чунин чорабиниро ба нақша гирифта аст, вале баъди чанд рӯз боз телефонӣ хабар расониданд, ки ин масъала ба моҳи дигар мавқуф гузошта мешавад. Барои иштирок намудан ахиран ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд мегузашт, дар даҳаи дуюми моҳи ноябр вакилони мардуми аз ноҳияи Ёвон С.Муродов, Қ.Урунов, Ш.Пардаев, Р. Қодиров ҳамроҳи Қ.Азизов ҷиҳати иштирок намудан рафтанд. Онҳо сиҳату саломат то Шӯрои Олии ҷумҳурӣ расиданд, ва аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихи 16уми Шӯрои Олӣ иштирок карданд. Аз тариқи телевизор рафти иҷлосияро аҳолии ноҳияи Ёвон ба мисли дигар одамони оромихоҳи ҷумҳурӣ назорат мекарданд. Вақте ки ба раисии Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд ва ӯ байрақи Тоҷикистонро мебӯсиду қасам мехӯрд, ва мегуфт, ки то охирин гурезаро ба ватан барнагардонад, худро ором ҳис намекунад, тамошобинони оинаи нилгун ашки чашми худро нигоҳ дошта наметавонистанд. Мӯйсафедон ин манзараро дида, бо боварӣ гуфтанд, ки ин ҷавонмард ба қавлаш вафо карда метавонад. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсоз шуд ва ба тақдирсӯзии тоҷикон хотима гузошт, инак аз он рӯзҳо 28 соли муваффақиятҳо паси сар шуданд. ххх Имрӯз ободонии ноҳияро ба меҳнати софдилонаи сокинон ва осудагии замон вобаста карда метавонем. Дар ин муваффақияту осудагӣ заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калон аст. Ҷаноби Олӣ бори аввал бо сафари расмӣ ба ноҳия моҳи марти соли 1993 омада буд. Хурду калони ноҳия ӯро бо шодиву хурсандӣ пешвоз гирифтанд ва ин сафари Эмомалӣ Раҳмон (он вақт раиси Шӯрои Олӣ буд) барои ноҳияи Ёвон ва сокинони он кӯшоиши кор гардид. 17 маротибае, ки Президенти муҳтарам бо сафари корӣ ба Ёвон омадааст, дар ноҳия даҳҳо иншооти хурду бузург, аз ҷумла мактаб, заводи сементбарории “ Ғаюр Семент” , “Моҳир Семент”, роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон, Кӯлоб-Шаҳртуз сохта шуданд. Дар соли 2016 Ҷаноби Олӣ ба Ёвон се маротиба сафари корӣ доштанд ва ҳоло дар ноҳия зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ амал мекунад, ки ҷойи доимии кории сокинон гардидааст. Сарвари давлат 6 сентябри соли 2018 ба ноҳия ташриф оварда, мактаби хушсохти замонавӣ ва коллеҷи техникӣ-фармасевтиро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуд. Мардуми Ёвон аз ташрифи Президенти мамлакат хурсанд мешуданд, чунки бо ҳар як ташрифи Пешвоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона, нуқтаи маданӣ-маишӣ, мактаб бунёд меёфт. Дар ин замина бо дастгирӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соҳибкорони ватанӣ фаъол гаштаанд. Бо саҳми онҳо ва саховатмандону як зумра одамони некхоҳу некбин Тоҷикистони азиз ва ноҳияи Ёвон дар давраи гулгулшукуфӣ мебошанд.

«ХАТЛОН»

Заналобиддин Ҳусейнов, ноҳияи Ёвон

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

чоршанбе, 17 июни соли 2020, №31 (3267)

Вазифаи мо хизмат ба мардум аст

Кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеш қарор гирифта, масъулияти баланди касбиро имрӯз ва дар оянда низ, идома медиҳанд. Дар баробари фаъолияти хизматӣ кормандони милитсияи вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои тавсияҳои Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус вусъат ва тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор медиҳанд. Аз ҳисоби сардорони шуъбаҳо, нозирони минтақавӣ, нозирони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсат, кормандони оперативӣ, кормандони БДА ва ҷавонони фа-

ъол, гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шудаанд. Дар асоси дастури роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, бо ташаббуси сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои хизматӣ аксияҳо гузаронида, дар муддати ду рӯз зиёда аз 6500 (шаш ҳазору панҷсад) дона ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон ба аҳолӣ тақсим кар-

да шуд. Чунин чорабиниҳо аз ҷониби кормандони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Бохтар, Леваканд, ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Балхӣ, Балҷувон ба роҳ монда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳикунанда бо аҳолӣ вобаста ба истифодабарии ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, риояи ҳолатҳои санитарӣ, фосилаи байни ҳамдигарӣ, бурда мешаванд. Инчунин, мунтазам маъракаи густурдаи безараргардонӣ бо истифода аз маводҳои тамизкорӣ дар минтақаҳои хизматӣ, бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, истгоҳҳо, маҳаллаҳо ва деҳаҳо амалӣ карда мешаванд, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории нави коронавирус пешгирӣ карда шавад. Дар роҳи ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ имрӯзҳо ин иқдом дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Офоқ Қодириён

ДАРСњОИ ХОНАНДАГОН ТАРИќИ ВИДЕОїТЕЛЕВИЗИОНИ “БАњОРИСТОН” МЕШАВАД Пахши қисми аввали дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ, баҳри омӯзиши фосилавӣ ва истифодаи хонандагон аз тариқи шабакаҳои «Баҳористон» оғоз гардид. Сабти маҷмӯи аввали 120 дарси телевизионӣ бо давомнокии аз 15 то 20 дақиқа идома дорад. Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод, ки аллакай якчанд дарс пахш гардида, инчунин, вазифаи хонагӣ дода мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, банаворгирии дарсҳои видеоӣтелевизионӣ барои синфҳои 9 ва 11, бо мақсади пурра аз худ шудани барномаи таълимӣ, инчунин, омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ бурда мешавад. -Ҷиҳати иҷрои ин нақша, семинари омӯзишӣ барои 75 нафар омӯзгори фанҳои таълимии табиию риёзӣ ва дақиқ (алгебра, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) ташкил ва баргузор гардид, - омадааст дар хабари вазорат. Ёдрас мекунем, ки аз 27 апрел дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистону коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд: нахуст то 10 май ва сипас, то 16 август. Он замон дар Вазорати маориф ва илми кишвар изҳор дошта буданд, ки дар сурати ҷорӣ шудани карантин мактабҳои кишвар ба таълими онлайн ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд. Комрони БАХТИЁР

Шахси донишманд њељ гоњ хор намешавад Мо аз гузаштагони худ медонем ва аз дар фаъолияти худ дида истодаем, ки шахси донишманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Баръакс рӯз аз рӯз обрӯ ва эътибораш дар назди ҳамагон боло мешавад. Беҳуда донишро калиди хирад намегӯянд. Мо ба воситаи дониш роҳи зиндагии худро кушода, ба ояндаи худ қадамҳои устувор ниҳода, дар роҳи рушду нумӯъ ва пешравиҳои ватани азизамон саҳм гузошта метавонем, яъне бояд мо аз хурдӣ роҳи донишро пеша карда тақдири минбаъдаи худро интихоб намоем. Бузургони мо, ба монанди Рӯдакиву Сино, Айниву Лоиқ бо донишу заковати худ машҳури ҷаҳон гардидаанд. Мо- ҷавонон бояд дар роҳи аз худ намудани забонҳои

хориҷӣ кӯшиш намоем, зеро дар кишвари азизи мо баҳри аз худ намудани донишҳои замонавӣ тамоми шароитҳои фароҳам оварда шудааст ва беҳуда нагуфтаанд: Дониш андар дил ҷароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. Моро танҳо дониш метавонад аз ҳама пастиҳо бароварда, роҳи дуруст ҳидоят намояд. Кӯшиш кунем, то аҳли илму дониш бошем. Б. Ибрагимов, муаллими кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Каримов, курсанти коллеҷи милитсия

Диққат: Музоядаи такрорӣ! Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар рӯзи соли 2020, соати 10:00 дақиқа музояда оид ба фурӯши амволи қарздор филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар шаҳри Бохтарро, ки аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро ба ҳабс гирифта шудааст, эълон менамояд №

Номгӯи амволи ҳабсгардида

1

Нуқтаи фурӯши гази моеъ ва таъмири мошинҳо, иборат аз нуқтаи фурӯши гази моеъ, нуқтаи шустушӯй ва ҳоҷатхона, ки дар масоҳати умумии 1227м2, аз он масоҳати зери сохтмон 135м2, масоҳати ҳавлӣ 1092 м2

Миқдор (адад)

Мансубият ва суроға

Нархи ибтидоӣ

1 адад

шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ваҳдат-1, бинои б/р

230 000 (дусаду сӣ ҳазор) сомонӣ

Қабули дархостҳо барои иштирок ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълони мазкур оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Музояда бо усули англисӣ гузаронида мешавад. Ҷойи баргузории музояда: шаҳри Бохтар, кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулӣ ба тариқи нақдӣ ба суратҳисоби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонҳои (83222) 3-25-34 , 903-00-60-54 гирифта метавонед.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

“Мактаби ихтиёриён”ихтиёриёнро тайёр мекунад Ихтиёрӣ ҷинс, нажод ва синну сол надорад ва, дар ҳақиқат, ҳастанд фардҳое, ки аз кумак кардан ба шахсони эҳтиёҷманд як ҷаҳон ҳаловат мебаранд, – мегӯяд Салим Бобоназаров, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён”. Ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” таърихи тӯлонӣ дорад. Тақрибан 10 сол пеш Салим Бобоназаров бо рафиқони ихтиёриаш тасмим гирифт ташкилоте созад, ки мушкилии кам будани ихтиёриён ва баланд бардоштани тасаввурот дар бораи онро, бартараф созад. Аввалин шуда, дар минтақа, моҳи феврали соли 2010, Салим Бобоназаров Ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” -ро ҳамчун ташкилоти маҳаллӣ-вилоятӣ таъсис дод. Мақсади асосии он баланд бардоштани иқтидори ҷавонон, бо замон ҳамқадам намудани онҳо ва, инчунин, тайёр кардани ихтиёриён барои гурӯҳҳои ташаббускори корхонаҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятиву байналхалқӣ мебошад. Бобоназаров Салим роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” мебошад. Ӯ аз соли 2006 дар бисёр ташкилот, ҳамчун ихтиёрӣ, саҳми бевоситаи худро гузоштааст. Эшон дар муддати кӯтоҳ ҳамсинф ва рафиқони худро низ ба сафи ихтиёриён ҷалб кард. - Аз замони мактабӣ дар хотир дорам, ки баъди иштирок кардан дар аввалин семинари омӯзишӣ, дар дилам алангае пайдо шуд, ки ба соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид шавам, – мегӯяд Салим Бобоназаров. Ташкилот, аслан, бо ҷавонон кор ва фаъолияти зич дорад, аммо бо дигар қишри аҳолӣ низ кор мекунад. Муроҷиатҳои шаҳрвандон ба ташкилот, аслан, як характер дорад ва ин ҳам гирифтани маълумот ва ворид шудан ба сафи ихтиёриён мебошад. “Фикр мекунам, ки ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун як оила ҳастем”, - дар давоми суҳбат гуфт мавсуф. Ташкилот муддати солҳо бо раёсати маориф, раёсати ҷавонон ва бо ташкилотҳои байналхалқи аз қабили GIZ, UNICEF, UNDP, Институти “Ҷамъияти кушода” – “Бунёди мадад” дар Тоҷикистон ва сафоратхонаи Амрико ҳамкорӣ кардааст. Соли 2018, замоне ки дар ноҳияи Панҷ обхезӣ шуд, ихтиёриёни ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” бо кумак ва дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ноҳияҳои сершумори вилояти Хатлон ва дигар муассисаҳо як аксияи хайриявие ташкил карданд ва ба аҳолии ин ноҳия лавозимоту ашёҳои

аввалиндараҷаро дастрас намуданд. - Шодии онҳоро дида мо як чаҳон баҳра бурдем, душвор аст ин ҳиссиётро бо сухан фаҳмондан”, - зикр кард бобои Салим. Соле қабл, Ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” аксия хайриявие бо номи “Бобои барфии ман” ташкил кард, ки мақсади он амалӣ сохтани 40 мактуби кӯдакони маъюб ба бобои барфӣ буд. Ташкилот дар сомонаҳои иҷтимоӣ ин аксияро эълон кард ва бо кумаки ихтиёриён ва шахсони дигар орзуи 40 тифли маъюбро иҷро кард. Ташкилот дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 20 лоиҳаро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, тиб ва маориф бомуваффақият амалӣ кардааст. Ҳамчунин, соли гузашта ташкилот яке аз лоиҳаҳои муҳимро бо номи “Навовариҳо дар ҷалби иштирокчиён аз гурӯҳи хатар” ба анҷом расонид. Ин лоиҳа аз тарафи Институти “Ҷамъияти кушодаи “Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон дастгирӣ шуд. Дар доираи лоиҳа, машғулиятҳо барои пешгирии нашъамандӣ миёни кӯдакони осебпазир гузаронида шуд. Маврид ба ёдоварист, ки беш аз 20 ихтиёрии ташкилот ба ин омӯзишҳо ҳамчун тренер ҷалб карда шуданд, ки онҳо бо усули ҳамсол ба ҳамсол ба кӯдакони гурӯҳи осебпазир омӯзишҳо мегузаронданд. Дар охири ин лоиҳа, ташкилот як чорабинии калони варзишие таҳти шиори “Ҷавонон тарафдори тарзи ҳаёти солим” ташкил кард, ки дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонон иштирок варзиданд. Саҳми Ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа назаррас аст. Масалан, дар соҳаи тиб аъзои ташкилот ба воситаи таблиғоти пешгирии касалиҳои аҳамияти иҷтимоидошта, яъне ВНМО, бемориҳои бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва пешгирии нашъамандӣ саҳми худро гузоштаанд. Инчунин, дар ташкилот театрҳои мобилӣ мавҷуд аст, ки мақсади он ба воситаи саҳначаҳо нишон додани мушкилоти ҷомеа мебошад. Дар соҳаи маориф саҳми арзандаи ихтиёриёни ташкилот дар он дида мешавад, ки онҳо ба мактаббачагон дарсҳои тарзи ҳаёти солимро бо усули ҳамсол ба ҳамсол гузаронидаанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ бошад, ташкилот якчанд маротиба аксияҳои хайриявӣ дар хонаи маъюбон ва пиронсолон гузарондааст, ки дар он ихтиёриёни ташкилот ба ин шахсони эҳтиёҷманд кумак расонданд. - Ман кори худро бениҳоят дӯст медорам, – мегӯяд Салим Бобоназаров. Баробарии ҳама, ин шиори ӯ буда, хамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ташкилот бо тарзи демократӣ ва бо розигии ҳама масъалаҳо роҳи ҳалли худро ёбанд. Ҷавонон бояд дилхоҳ имконияте, ки ҳаст истифода баранд. Мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд кӯшиш кунем, ки як таҷрибаи бойе ба даст биёрем то ҷумҳуриамон ба пеш равона бошад.

«Алтернатива»-ташкилоти љавонон Ташкилоти ҷамъиятии “Алтернатива” ташкилоти ҷавонон буда, фаъолияти худро аз аввали соли 2000-ум шурӯъ карда, дар бисёре аз ноҳияҳои вилояти Хатлон кору фаъолият мекунад. Мақсад аз таъсис додани ташкилот, ин ҳали мушкилоте буданд, ки он вақт дар хоҷагиҳои фермерӣ ба миён омада буд. Бисёриҳо бо замини хоҷагии фермерие, ки аз соли 2000-ум ба ҳама тақсим карда мешуд, бо мушкилоти калони ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ташкилоти ҷамъиятии «Алтернатива» ба ин деҳқонон дар идоракунии ҳуҷҷатгузорӣ, коргузорӣ ва дигар масъалаҳо кумаки худро расонд. Ташкилот бо ҳуқуқҳои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, яъне занон, фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, пешбурди тиҷорат ва ташкили ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ дар байни муҳоҷирони баргашта ва ҷавонон, инчунин, оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва рушди маҳалла кор мебарад. «Ба пеш рафтан, ба одамон кумак кардан, дар рушди ҷомеа саҳм гузоштан»,- ин шиори Азиза Шомансурова аст, ки зиёда аз нуҳ сол раҳбарии Ташкилоти ҷамъиятии “Алтернатива”-ро бар дӯш дорад. Дар тӯли 13 сол Азиза дар бисёр ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ кор кард ва, инчунин, дар барномаҳои байналхалқӣ иштирок варзидааст. Пас аз ин гирифтани донишу малакаҳои зиёд, моҳи октябри соли 2011, Азиза ба ташкилот ба кор омада, то ба имрӯз таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 26 лоиҳа амалӣ гардидааст. -“Оғоз кардани коре хеле душвор аст. Бо вуҷуди донишҳоям, ин соҳа барои ман як ҷангали торик буд, аммо бисёр ташкилотҳо ва ҳамкорон, аз ҷумла хоҳарам, ба ман кӯмак карданд”,-мегӯяд мавсуф. Бояд қайд кард, ки айни замон стратегияи ташкилот ин ташкили ҷойҳои корӣ барои ҷавонон

бо роҳи таълим ва ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, стартапҳо ва агробизнес, инчунин таҳияи нақшаҳои бизнес мебошад. Ба гуфтаи Азиза Шомансурова, Ташкилоти ҷамъиятии «Алтернатива» бо бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла Институти “Ҷамъияти кушода”-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, БРСММ-Бохтар, ташкилотҳои ҷамъиятии «Шифо», «Бохтар», «Бонувони фардо», «Мактаби ихтиёриён», «Фидокор», «Рушди диёр», «Роҳнамо», «Бонувони Хатлон» ва ғайра ҳамкорӣ кардааст. Дар тӯли се сол, ташкилот мушовири тиҷоратии Институти “Ҷамъияти кушода”-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон буд. Дар тӯли якчанд сол ӯ бо дастгирии Сафорати Амрико 6 лоиҳа, аз ҷумла лоиҳа дар самти ташкили маркази буҳронӣ барои занон, пешгирии терроризм ва дигар самтҳоро бомуваффақият амалӣ намуд. Ташкилот бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид - Бохтар ҳамкориҳои хуб дорад ва бо ин ташкилот лоиҳаи пешгирии терроризм дар байни ҷавонон амалӣ шуда буд. ТҶ «Алтернатива» бо аҳолии маҳаллӣ зич ҳамкорӣ мекунад ва шаҳрвандон аксар вақт бо мушкилоти худ ба ташкилот муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи Азиза Шомансурова, муроҷиатҳо хусусияти гуногун доранд, яъне аз пайдо намудани кор то ба мушкилоти зӯроварӣ дар оила, то ба навиштани консепсия ва нақшаҳои бизнес аст. Ташкилот, инчунин, бо Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон ва ТҶ “Чашма” дар масъалаҳои рафъи шаҳрвандӣ, беш аз меъёр дар вилояти Хатлон кор кард, ки аз рӯи ташхиси онон муроҷиатҳои аҳолии маҳаллӣ хеле зиёд буданд. - Натиҷаи кори ташкилоти мо хурсандии одамоне мебошад, ки мо ба онҳо кумак расондем ва дар тӯли солҳои тӯлонии фаъолият ташкилот тавонист, ки эътимод ва боварии мардумро бештар пайдо кунад, - мегӯяд Азиза Шомансурова. ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»

Таваҷҷуҳ: Музояда! Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён барои ба фурӯш баровардани амволи ғайриманқул- манзили истиқоматӣ воқеъ, дар ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки “Бӯстонқалъа”, деҳаи Ҳаёти Нав, хонаи берақам, аз масолеҳи хишти хом сохташуда, масоҳати умумиаш 72 мм, сатҳи умумии бино 51,37 мм, аз ҷумла сатҳи истиқоматии он 36,55 мм иборат, аз се ҳуҷраи зистро, бо ҳуқуқи истифодабарии замин 456 мм дар савдои оммавӣ бо нархи 100 000 (садҳазор) сомонӣ музояда эълон менамояд. Муҳлат ва вақти баргузории музояда: 30 рӯз баъд аз нашри эълон, соати 09.00. Ҷойи баргузории музояда: бинои иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён. Телефонҳо: 8(3245) 2-10-99, 93-300-20-24 .

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Ҳангома паҳлавонова Тарроҳ: Сафаралӣ сатторов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 10.06.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №31-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu