ХАТЛОН
БАНЇ-ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №3 (3140)
панљшанбе, 25 январи соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Тасдиќи рамзи «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» 22 январи соли 2018 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рамзи «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї»-ро бо маќсади муаррифии њамаљонибаи иќдоми мазкур тасдиќ намуданд. Рамзи «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» доирашакл буда, атрофи он бо њалќањои њамранги Парчами давлатї ињота карда шудааст, ки аз соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон шањодат медињад. Дар гирдогирди рамз бо забонњои тољикию англисї матни «2018 Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моњияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисї барои тарѓиби ташаббуси мазкур байни сайёњон ва кишварњои хориљї мебошад.
Дар миёни рамз кўњњои осмонбўсу сарбафалаки Тољикистон акс ёфта, дар болои яке аз ќуллањои кўњ рамзи гардиши абадї, ки дар њунарњои мардумї васеъ истифода мегарданд, њамчун хуршеди тобон наќш гирифтааст. Рамз њамчунин обњои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёњ ва нусхаи офтоба, ки њамчун нишони њунарњои мардумї мебошад, бозгўи рушди соњаи сайёњї, эњё ва дастгирии њунарњои мардумї дар Љумњурии Тољикистон мебошад. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» васеъ истифода баранд. www.president.tj
и 77 ррЎЎззи Н О Л Т О А Л Х Т А Х ЌЎРЃОНТЕППА БОХТАР, БОХТАР КўШОНИЁН МЕШАВАД 20 январи соли 2018 Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистонро оид ба иваз намудани номи шањрњои Ќўрѓонтеппа ва Сарбанд, ноњияи Бохтар, шањраки Восеъ ва дењаи Ќурбоншањиди ноњияи Восеъ, дењањои Шота Руставели, Тошохўр ва Будинободи ноњияи Ёвони вилояти Хатлонро ба имзо расониданд. Дар асоси ќарори мазкур номи шањри Ќўрѓонтеппа ба шањри Бохтар, шањри Сарбанд ба шањри Леваканд, ноњияи Бохтар ба ноњияи Кўшониён, шањраки Восеи ноњияи Восеъ ба шањраки Њулбук, дењаи Ќурбоншањиди дењоти Гулистони ноњияи Восеъ ба Мењробод, дењаи Шота Руставелии дењоти Ситораи Сурхи ноњияи Ёвон ба дењаи Саргањ, дењаи Тошохўри дењоти ба номи Њасан Њусейнови ноњияи Ёвон ба дењаи Боѓдара ва дењаи Будинободи дењоти Гулсара Юсуфоваи ноњияи Ёвон ба дењаи Зарриндашт иваз карда шуданд. Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон барои баррасї ба Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон фиристода шуд.
РУШДИ САНОАТ ЧАШМРАС АСТ Саноатчиёни вилояти Хатлон дар соли 2017 ба маблаѓи 6,5 миллиард сомонї мањсулоти саноатї истењсол намуда, њаљми истењсолро нисбат ба як сол пеш 1 миллиарду 725 миллион сомонї зиёд ва суръати афзоишро дар сатњи 35,9 фоиз таъмин карданд. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, афзоиши њаљми мањсулоти саноатии вилоят асосан аз истењсоли маводи хўрока, нўшокињо дар сатњи 7,1 фоиз, истењсоли нассољї ва дўзандагї наздики 2 баробар, коркарди чўбу тахта ва дигар маснуоти чўбин - 23,4 фоиз, истењсоли маводи кимиёвї - 38,7 фоиз,
истењсоли селюлоза ва коѓаз - 17 баробар, саноати табъу нашр 10,5 фоиз, маснуоти резинї ва полиэтиленї наздики 30 баробар, мањсулоти ѓайрифилизии маъданї - 48,8 фоиз, металлургї - 12,3 баробар, истењсоли таљњизоти барќї (мошинсозї) 11,3 фоиз, истењсолу таќсимоти неруи барќ ва мањсулоти нафтї - 33,9 фоиз ва ѓайра замина фароњам овардаанд.
МИЛАИ 65-МЕТРАИ ПАРЧАМ ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТ Аз нишасти матбуотии раиси вилоят
- Ќабл аз њама, миннатдории самимии худро ба тамоми намояндагони воситањои ахбори оммаи кишвар, журналистони пуркору соњибмаќоми хатлонї мерасонам, ки дар давоми соли 2017 бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон њамкории хубу созандаеро ба роњ монда, дар инъикоси объективона ва сариваќтии дастовардњо ва мушкилоти арсањои гуногун, умури ободонию бунёдкорињои вилоят сањми бориз гузоштанд.
Тањти њамин ном дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гаштани соли 2018 бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо љавонон ва варзишии вилоят, бо љалби њунармандони 10 шањру ноњияи минтаќаи Кўлоб конференсияи вилоятї доир гардид.
Д. Гулмањмадзода: «ЖУРНАЛИСТОН ДАР БОЗТОБИ ДАСТОВАРДЊОИ ВИЛОЯТ САЊМИ НАМОЁН ДОРАНД» Раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода нишасти матбуотии худро 24 январ бо баёни ин нукта оѓоз бахшида, ањли ќаламро барои боз њам мустањкамтар намудани равобит бо маќомоти давлатї дар соли 2018 даъват намуд. Давлатшоњ Гулмањмадзода изњор кард, ки соли 2017 бо
сафарњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон ба шањру навоњии вилоят, бо бунёди беш аз 75 корхона ва коргоњи истењсолию саноатї ва дар ин замина таъсиси 1300 љойи нави корї, бо мавриди истифода ќарор гирифтани дањњо километр роњњои нав ва таъмиру таљдиди роњњои мављуда, бунёди садњо гектар боѓу њосили баланди маводи кишоварзї ва дигар дастовардњояш ёдмон буд. Ба ќавли раиси вилоят, дар соли 2017 наќшаи ќисми даромади буљети мањаллї 104,2 фоиз иљро гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 134 миллион сомонї зиёд мебошад. Бо таъкид ба вилояти аграрї будани Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода дар бораи зиёд гардидани њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї ва содироти он ба хориљи кишвар хабар дод. Дар соли 2017 њаљми мањсулоти умумии кишоварзї ба 11,8 миллиард сомонї расонида шуд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 789 миллион сомонї, ё худ 7,2% зиёд мебошад. Ба гуфтаи Д. Гулмањмадзода, аз вилоят соли гузашта 83,8 њазор тонна мањсулот, аз љумла сабза-
вот, полезї, мева, ангур, писта, чормаѓзи заминї, консерваи меваю сабзавот ва дигар намуди мањсулот содирот шуда, иљрои дурнамо 142 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2016 њаљми содирот 2134 тонна зиёд мебошад. Раиси вилоят њамчунин аз бењтар шудани њамкории бонкњои давлатию тиљоратї бо
ањолии Хатлонзамин изњори ќаноатмандї намуда, афзуд, ки дар соли 2017 филиалњои бонкњои вилоят ба мардум ба андозаи 933 миллион сомонї ќарзњои бонкї ироа намуданд, ки бештараш ба рушди соњаи кишоварзї нигаронида шудааст. Ин нишондињанда назар ба соли 2016 ба ќадри 121 миллион сомонї зиёдтар аст. Тавре ки дар нишаст зикр гардид, дар вилоят шумораи нафаќагирон ба 230,8 њазор нафар расида, њисоби миёнаи нафаќаи онњо ба 259 сомонї баробар аст. Барои пардохти маблаѓи нафаќаи нафаќагирони вилоят аз њисоби буљети суѓуртаи иљтимої 654 миллион сомонї маблаѓгузорї карда шуд. Д. Гулмањмадзода дар мавриди њамкорињои иќтисодии вилоят бо 36 мамлакати хориљи дуру наздик сухан гуфта, хабар дод, ки соли гузашта њаљми содироти мол аз вилоят назар ба воридоти он ба андозаи 55 миллион доллари амрикої бештар буд. “Аз вилоят асосан нахи пахта, калоба, семент, неруи барќ, намак ва мањсулоти кишоварзї ба хориљи кишвар содирот карда шуда, аз хориљи кишвар шакар, нурињои маъданї, сўзишворї ва техника ворид гардидааст. Дар ин давра
«ЊУНАРЊОИ МАРДУМЇ - РУКНИ МУЊИМТАРИНИ ФАРЊАНГИ МИЛЛЇ»
содироти як ќатор мањсулот, аз љумла семент 662 њазор тонна ва намак 1245 тоннаро ташкил дод, ки нисбати солњои пешин хеле зиёд мебошад”, - афзуд раиси вилоят. Дар идома журналистон аз агентии иттилоотии “Азияплюс” С. Назриев, радиои “Тољикистон” Т. Розиќ, ТВ “Синамо” Б. Азиз, радиои “Озодї” О. Карим, рўзномаи “Садои мардум” С. Султонов, маљаллаи “Бонувони Тољикистон” Љ. Сайфиддин, нашрияи “СССР” Б. Уроќ ва А. Достиев, рўзномаи “Љумњурият” З. Њасан, нашрияи “Пайк” А. Иброњим ба раиси вилоят доир ба масъалањои таъсиси маркази ташхиси тиббї дар вилоят, бунёди варзишгоњу боѓи фароѓатї дар маркази маъмурии вилоят, истифодаи самараовар аз маблаѓњои фонди рушди соњибкорї, дастгирии муассисаи фарњангии “Хатлонсинамо”, робитањои иќтисодї бо кишвари Ўзбекистон, вазъи сардхонањо барои нигоњдории маводи кишоварзї, маќоми занон дар љомеа, ќарзи хољагињои об аз барќ, таъмини бозорњо бо маводи хушсифати кишоварзї ва бо нархњои барои ањолї дастрас савол дода, посух гирифтанд. Д. Гулмањмадзода аз хабарнигорон барои масъалагузорињои судманд изњори сипос намуда, таъкид кард, ки дар баробари нашри маводи танќидї, нишон додани роњњои њалли масъала ва холисона баён намудани пешрафтњо низ аз љумлаи масъулиятњои ањли ќалам мебошад. - Воситањои ахбори омма неруи тавоно ва муассире мебошанд, ки метавонанд бо пешнињодњо, масъалагузорињо ва бозтоби воќеъбинонаи мушкилоту дастовардњо дар ташаккули афкори созандаи омма сањм гузоранд ва одамонро ба устувории сулњу субот, њамбастагї ва њифзи арзишњои миллию давлатдорї рањнамун созанд, таъкид кард раиси вилояти Хатлон дар интињои нишасти матбуотиаш. Носирљон Маъмурзода, «Хатлон». Аксбардор Д. Шарифов
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси ноњияи Њамадонї Абдуќодир Вализода, сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон Љамолиддин Исматуллозода, му-
фарњанг ва тамаддуни халќ маънидод намуд. Њамчунин, дар ин њамоиш мудири бахши кор бо љавонони дастгоњи раёсат Р. Насриддинзода, раиси ноњияи М.А.Њамадонї А. Вализода низ доир ба ташаббу-
Дар рўзњои таљлили Наврўзи байналмилалї дар шафати майдони Исмоили Сомонии шањри Ќўрѓонтеппа маросими мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани майдони Парчами миллї бо ќомат афрохтани милаи парчами баландиаш 65 метр, дарозї ва пањноияш 7 бар 14 дар назар аст. Тибќи маълумоти шуъбаи меъморї ва шањрсозии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Ќўрѓонтеппа, сохтмон ва сафолакчинї, гулу гулкорї намудани майдони Парчами миллї аз моњи декабри соли 2017 оѓоз гардида, он дар нимаи дуюми моњи март ба истифода дода мешавад. Дар майдони Парчами миллї фавворањои замонавї, нишастгоњњои мувофиќ насб гардида, он ба яке аз љойњои истироњатї-фароѓатии сокинони Ќўрѓонтеппашањр табдил хоњад ёфт. Ќобили зикр аст, ки маъракаи љумњуриявии таљлили Наврўзи байналмилалї имсол дар шањри Ќўрѓонтеппа ба наќша гирифта шудааст. Ба ин муносибат дар маркази маъмурии вилоят баистифодадињии дигар иншооти љашнї низ пешбинї гардидааст.
НАЌШАЊО БАРОИ ТАВСЕАИ КОРИ МОИ «ПАНЉ» Соли 2017 минтаќањои озоди иќтисодии «Данѓара» - 35 миллион сомонї ва «Панљ» 700 њазор сомонї мањсулот истењсол намуданд. Ба иттилои муовини якуми вазири рушди иќтисод ва савдои љумњурї Завќї Завќизода, дар МОИ «Панљ» 14 корхона, аз љумла 5-тои он соли 2016-2017 ба ќайд гирифта шуданд ва дар назар аст, ки нимаи якуми соли 2018 ба фаъолият оѓоз намоянд. МОИ «Панљ» аз минтаќањои навтаъсиси озоди иќтисодии мамлакат ба њисоб рафта, дар айни њол дар он корњои сохтмонї ва васлгарии таљњизот љараён доранд. «Наќшањо ба-
рои васеъ кардани фаъолияти ин минтаќаи озоди иќтисодї тарњрезї шуда, њавасмандї аз љониби сармоягузорони ватаниву хориљї пешнињод гардидаанд», - гуфт З. Завќизода ва изњори умед кард, ки МОИ «Панљ» дар ояндаи наздик дар баробари таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат имконият дорад, молу мањсулоти худро ба њамсоядавлати Афѓонистон содир намояд.
ИФТИТОЊИ ПАРВАНДА АЛАЙЊИ КОМИССАРИ ЊАРБЇ Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия аз ифтитоњи парвандаи љиноятї алайњи комиссари њарбии Комиссариати њарбии минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон Бурњонов Рустам Авазович хабар додааст.
дирони бахшњои кор бо љавонони минтаќаи Кўлоб ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Тавре ки аз Раёсати кор бо љавонон ва сайёњии вилоят хабар доданд, пеш аз оѓози конференсия мењмонон аз намоишгоњи њунарњои мардумї, ки аз тарафи њунармандон, занону модарон, наврасону љавонон, аз ќабили кандакорї, гулдўзї, чакандўзї, алочабофї, чўбтарошї ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.
су дастгирињои Њукумати мамлакат, рушду пешрафти соњаи сайёњї ва њунарњои мардумї дар назди њозирин баромад намуданд. Идомаи кори конфронсро андешањои директори генералии муассисаи давлатии љумњуриявии “Осорхонаи Кўлоб” Њотам Раљаб Асозода дар мавзўи «Наќши осорхонањо дар рушди њунарњои мардумї», ховаршинос Зафар Мирзоён дар мавзўи «Њунарњои мардумї - яке аз омилњои зиндагисози мардум» ва магистранти Донишгоњи давлатии шањри
Ба иттилои дафтари матбуотии ин агентї, Р. Бурњонов шахси мансабдор ба њисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш аз шањрванд «А» барои тайёр карда додани шањодатнома бар ивази билети њарбї маблаѓи 3000 сомонї талаб намудааст. “Дар натиљаи гузаронидани чорабинињои оперативї-тафтишотї 6 январи соли 2018, тахминан соатњои 10:23, Бурњонов Рустам Авазович бевосита баъди аз шањрванд «А» гирифтани маблаѓи 3000 сомонї дар утоќи кориаш дастгир карда шуда, маблаѓи 3000 сомонї аз ў њамчун далели шайъї ёфта гирифта шуд”, - зикр кард манбаъ. Вобаста ба њолатњои зикргардида нисбати Бурњонов Рустам Авазович бо моддаи 319 ќисми 1 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
ЭЊЁИ ЊУНАРЊОИ МАРДУМЇ - РУШДИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА Дар Ќасри фарњанги шањри Кўлоб бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар мавзўи “Эњёи њунарњои мардумї рушди зиндагии шоиста” конференсияи илмї-назариявї ва намоиши њунарњои дастї баргузор гардид. Дар кори конференсия њунармандони шањру дењоти Кўлоб мањсули амалњои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, диќќати иштирокчиёнро ба намунаи осори гузаштагон љалб намуданд. Муовини раиси шањри Кўлоб Кенљамо Маљидова зимни баргузории конференсия ќайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Љумњурии
Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон кишварамон дар њоли ободу зебо гаштан аст. “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї таваљљуњи сайёњонро ба кишвари афсонавии мо афзун намуда, ба ин васила вазъи иљтимоию иќтисодии ањолї бењ мегардад. Боварї њаст, ки рушди соњаи сайёњї омили асосии пешрафти иќтисодиёти миллї хоњад гашт”, - гуфт К. Маљидова.
1887 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ХАТЛОНЇ ДАР ЯК СОЛ Варзишгарони вилояти Хатлон соли 2017 дар 105 мусобиќаи љумњуриявї ва байналмилалї ширкат варзида, љамъан соњиби 1887 медал гардидаанд.
Сипас, кори конференсияро бо сухани ифтитоњї муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода оѓоз бахшида, таваљљуњи њамагонро ба ташаббуси наљибу созандаи роњбарияти олии мамлакат - «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 равона намуда, онро фоли нек ва ѓамхории навбатии давлату Њукумат нисбат ба
Кўлоб ба номи А. Рўдакї Лола Кароматова дар мавзўи «Либос љузъи фарњанги миллї» боз њам љолибу рангин намуд. Дар охири конфронс барномаи театрикунонидашудаи ањли санъату фарњанги ноњияи Њамадонї пешнињоди њозирин гардонида шуд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Аз Раёсати љавонон ва варзиши вилоят иттилоъ доданд, ки варзишгарон соли гузашта 575 медали тилло, 574 медали нуќра ва 738 медали биринљї ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2016-ум 419 медал зиёд мебошад. Ёдовар мешавем, ки яке аз дастовардњои намоёни варзишї дар соли 2017 медали нуќраи пањлавон Набимуњаммад Хоркашев дар Чемпионати љањон буд, ки дар шањри Сочии Русия баргузор гардид. Н. Хоркашев дар поёни соли 2017 “Варзишгари сол” дар вилояти Хатлон эълон шуд. Масъули гўша М. НОСИРЉОН
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj
2
ХАТЛОН
панљшанбе, 25 январи соли 2018, №3 (3140)
85 ЭЪТИРОЗ БА ЌАРОРЊОИ РАИСОНИ ШАЊРУ НОЊИЯЊОИ ВИЛОЯТ Тањлили вазъи љинояткорї аз љониби маќомоти Прокуратураи вилояти Хатлон нишон дод, ки дар вилоят вазъи љинояткорї дар соли 2017 нисбат ба соли гузашта тамоили зиёдшавї дошта, љамъан 6102 љиноят ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 208 љиноят зиёд аст. Ошкоршавии љиноят дар сатњи вилоят ба 84,71% баробар аст.
Д. Исоев: “ЌАРИБ 47%-И ХАТМКАРДАЊОИ МУАССИСАЊОИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТ ДОНИШЉЎ ШУДАНД”
Дохилшавии хатмкардагони муассисањои тањсилоти умумии вилояти Хатлон тариќи Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар соли тањсили нав наздик ба 6% афзоиш ёфт. Диловар Исоев, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, бо ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки аз 48080 нафар хатмкардањои таълимгоњњои шањру навоњии вилоят 22416 нафар тавассути ММТ ба мактабњои олї дохил шуданд, ки 46,6 фисади шумораи умумии хатмуттањсилонро таш-
кил медињад. Њамин тавр, имсол назар ба соли гузашта 3856 нафар бештар сазовори унвони донишљўї шудаанд. - Соли тањсили љорї 3435 нафар аз вилояти Хатлон ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбии хориљи кишвар дохил гардиданд, - идома дод Д. Исоев. - Аз шумораи умумии дохилшудагон 2409 нафар хатмкардагони синфи 11-и муассисањои таълимии шањру навоњии вилоят буда, дар самти бакалавр ва мутахассис тањсил доранд. Сардори раёсати маориф њамчунин аз фарогирии 90 фисади духтарон ба зинаи сеюми тањсилот хабар дода, афзуд, ки дар соли тањсили љорї дар синфи 10-ум 51 њазору 116 нафар тањсилро давом дода истодаанд, ки 24 њазору 231 нафарашон духтаронанд. Тибќи маълумоти Д. Исоев, дар соли 2017 дар вилоят 16 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї бо тамоми шароити корї ва 109 кабинети муљањњази таълимї барои 14 њазору 996 хонанда дар ду баст мавриди бањрабардорї
ќарор дода шуд. “Њамзамон, дар ин давра дар назди 35 муассисаи таълимї барои 6616 хонанда дар ду баст бино ва синфхонањои иловагї сохта шуд”, - афзуд сардори раёсати маориф. Дар соли 2017, тавре ки ќайд шуд, 106 нафар толибилмони муассисањои таълимии вилоят дар олимпиадањои љумњуриявии анъанавї, даставї, номї ва байналмилалию фосилавї соњиби љойњои ифтихорї, аз он љумла 18 медали тилло ва 30 медали нуќра гардиданд. Дар идома Диловар Исоев оид ба таълиму тарбия, сифати ѓизо ва дигар мушкилоти кўдакистонњо, масъалаи кори китобхонањои мактабї ва таъминоти хонандањо бо адабиёти таълимї, татбиќи ќонуни забон дар муассисањои таълимї, тахассуси омўзгорон, натиљањои аттестатсияи давлатї дар таълимгоњњо ва омодагии мактабњо ба зимистон бо журналистон суњбат орост.
-Аз тарафи муфаттишони прокуратураи вилоят ва шањру ноњияњо дар ин давра 1404 парвандаи љиноятї дар истењсолот буда, пас аз тафтишот 1294 адади онњо ба суд фиристонида шудааст, -зикр кард Насрулло Мањмудов, прокурори вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотї. – Соли гузашта 181 љиноят аз тарафи ноболиѓон содир карда шудааст. Ба гуфтаи Н. Мањмудов, дар давоми соли 2017 ба суди вилоят ва судњои шањру ноњияњо 2 њазору 336 парвандаи љиноятї нисбати 2860 нафар барои моњиятан баррасї намудан ворид гаштааст. «Иљроиши талаботи конуни конститутсионї «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї» тањти назорати доимии прокуророн ќарор дошта,
С. Маллазода: “САЊМИ СОЊИБКОРОН ДАР БУНЁДИ БУНГОЊЊОИ ТИББЇ НАМОЁН АСТ” Дар муассисањои тиббии вилояти Хатлон 22 нафар табибони дорои унвони илмии номзади илми тиб, се доктори илми тиб ва 18 унвонљўй фаъолият менамоянд. Шумораи умумии табибон бошад, ба 3160 нафар мерасад. Ин хабар дар нишасти матбуотии С. Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, баён шуд. Дар ин њамоиши хабарї инчунин дастовардњои дигари соњаи тандурустии вилоят дар соли 2017 натиљагирї гардид. Зикр шуд, ки бо дастуру њидоятњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар шањру навоњии вилояти Хатлон дањњо марказу бунгоњњои саломатї бунёд ва ба беморхонањо дастгоњњои муосири тиббї ворид гардидааст. - Соњибкорони мањаллї низ дар бунёди марказњои саломатї ва бунгоњњои тиббї сањми худро гузошта, пайрави сиёсати ободгаронаи Пешвои миллат буданашонро нишон доданд, - гуфт С. Маллазода. – Барои мисол, дар ноњияи А.Љомї бунгоњи саломатии «Кўњдоман» ба маблаѓи 20000 сомонї ва бунгоњи саломатии «Пахтакор» ба маблаѓи 30000 сомонї ба таври њашар сохта шуд. Ба беморхонаи №1-и ноњияи Ќубодиён аз љониби соњибкорони ватанї бо маќсади расонидани ёрии таъљилии тиббї ба ањолии Љамоати дењоти “Тахти Сангин” як автомашинаи “Хундай-старекс” туњфа карда шуд. Дар Љамоати дењоти Сари Хосори ноњияи Балљувон бо дастгирии соњибкори ватанї таваллудхона кушода шуда, бо таљњизоти муосири тиббї љињозонида шуд. Њамин тавр, дар ноњияи Дўстї низ шуъбаи сироятии беморхонаи марказї аз њисоби соњибкорон ба маблаѓи 5000 сомонї таъ-
мир шудааст. Соли гузашта њамчунин дар Љамоати дењоти “20-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон”-и ноњияи Бохтар аз њисоби соњибкорон ва ба таври њашар Маркази саломатии “Айнї” сохта ба истифода дода шуд. Беморхонаи марказии ноњияи Ёвон бо маблаѓи як милли-
ону 30 њазор сомонї ошёнаи 4-ум ва аз љониби соњибкори ватанї Бунгоњи саломатии “Чу-Чу” бунёд гардид. Инчунин ду кардиомонитор, як дастгоњи УЗИ, се адад инфузимат дастрас карда шуд. Дар Љамоати дењоти “Корез”-и ноњияи Данѓара Маркази саломатии дењотї бо дастгирии соњибкори ватанї Муњибов Љўрабек Давлатович бо харљи 35000 сомонї сохта шуда ва бо маблаѓи 80000 сомонї таљњизоти тиббї дастрас гардид. Маркази саломатии дењоти макзур аз 5 њуљра - њуљраи доругузаронї, њуљраи занона ва таљњизоти ултрасадо барои муоинаи занон, њуљраи эмгузаронї, њуљраи табиби оилавї иборат буда, 3 табиб ва 6 нафар корманди тиббї ба 1405 нафар
ањолї хизмати тиббї мерасонанд. Сардори раёсати тандурустї њамчунин дар бораи ошкоршавии 11 њолати ќонуншиканї аз љониби кормандони муассисањои тиббї, ки аксаран хислати коррупсионї доштанд, хабар дода, афзуд, ки аз љониби раёсат бинобар содир намудани хатои касбї барои паст кардани дараљаи тахассусии якчанд табиб пешнињод ироа гардидааст. С. Маллазода доир ба муоинаи њатмии тиббии навхонадорон ќабл аз бастани аќди никоњ масъалагузорї намуд. Ба гуфтаи ў, соли гузашта 34 њазор нафар аз чунин ташхис гузашта, дар натиљаи он дар бадани 45 нафар вируси гепатит пайдо гардид. - Мушкилоти асосї ин аст, ки маќомотњои иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои вилояти Хатлон барои ташхиси тиббии ќабл аз никоњи номзадњо ягон сомонї ихтисос надодаанд, - зикр кард С. Маллазода. – Ин њам дар њолест, ки масалан, соли 2017 барои анљом додани чунин навъи ташхисњо дар вилояти Суѓд аз љониби маќомати мањаллї 200 њазор сомонї људо карда шудааст. Сардори раёсати тандурустї инчунин дар самти воридсозии усулњои нави љарроњї сухан гуфта, ќайд кард, ки соли гузашта танњо дар Беморхонаи љумњуриявии ноњияи Данѓара ба 20 бемор амалиёти пайвандсозии гурдањо, ба 103 нафар љарроњињои ринопластика ва секторинопластика, ба 8 нафар љарроњї дар чашм, ба 17 нафар амалиёти љарроњии бартараф намудани контрактураи ангуштон ва ба 222 бемор љарроњии вобас-та ба беморињои рагњои хунгард гузаронида шудааст. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
МАОШИ МИЁНА ДАР ВИЛОЯТ БА 844 СОМОНЇ РАСИД
Соли 2017 дар вилояти Хатлон ба маблаѓи 812 миллиону 403 њазор сомонї чорвои зинда ва ба маблаѓи 94,1 миллион сомонї автомобилњои боркаш ва сабукрав фурўхта шудаанд. Ин раќам зимни нишасти хабарии Сарраёсати агентии омор дар вилояти Хатлон зикр гардид. Ба иттилои
Заррина Давлатзода, сардори идораи мазкур, соли гузашта њаљми гардиши савдо, таъмири автомобилњо, молњои маишї ва ашёњои истифодаи шахсї маблаѓи 4 миллиарду 606 миллион сомониро ташкил дод. - Тибќи омори расмї, дар соли 2017 гардиши савдои хориљии вилояти Хатлон ба 242 миллиону 457 њазору 500 доллари ИМА баробар шуд, хабар дод З. Давлатзода. – Ин раќам нисбат ба соли гузашта ба андозаи 22% ё 68,3 миллион доллари амрикої кам мебошад. Тарози савдои вилоят мусбат буда, 54 миллиону 616 њазору 500 долларро ташкил дод. Воридот аз рўйи гурўњи молњо дар соли гузашта ба вилоят 148 миллиону 537 њазор доллар (нисбат ба соли 2016 ба ќадри 90 миллиону 139 њазор доллар камтар) ва содирот 148 миллиону 537 њазор доллари амрикоиро ташкил кард, дар ќиёс бо соли гузашта 17,2 фи-
сад зиёд мебошад. Ба иттилои З. Давлатзода, шумораи онњое, ки дар вилоят расман маќоми бекориро гирифтаанд, ба 16,4 њазор нафар мерасад. Аммо дар корхонањои њамаи шаклњои моликият 446,3 њазор нафар ба кор машѓул будаанд. Манбаъ афзуд, ки музди миёнаи њармоњаи номиналии кор дар вилоят дар соли 2017 ба 844 сомонї баробар шуд, ки назар ба як соли пеш ба андозаи 20,1% зиёд будааст. Маоши аз њама камро, чун пештара, кормандони соњаи кишоварзї (ба њисоби миёна 372,64 сомонї) ва аз њама баландро кормандони соњаи саноати истихрољи маъданњои кўњї (ба њисоби миёна 1948 сомонї) мегирифтаанд. Н. МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”
Шуъбаи «Аудит»-и дохилї ва назорати Сарраёсати молияи вилоят ва мутахассисони раёсатњои молияи шањру ноњияњои вилояти Хатлон мувофиќи наќшаи корї дар 659 ташкилоту муассисаи буљетї оид ба маќсаднок истифодабарии маблаѓњои буљетї санљишњо гузарониданд. Дар натиљаи тањлилњои гузаронидашуда 11,6 млн сомонии пинњонбуда ошкор карда шуд. Дар вилояти Хатлон наќшаи як намуди андоз - андоз аз арзиши иловашуда 12 фоиз ба маблаѓи 33 миллион сомонї таъмин нагардид. Ба иттилои Ќарахон Чиллазода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сабаби иљро нагардидани андоз аз арзиши иловашуда он мебошад, ки аз њисоби корхонаи ЉДММ «Хуаксин Ѓаюр Семент» аз рўйи наќша мебоист 54,8 млн сомонї ворид мегардид. Дар асл бошад, 27 млн сомонї ворид гардидааст, ки нисбати наќшаи пешбинишуда
соли 2017 ба 160 ќарори раисони шањру ноњияњо эътироз оварда шудааст, ки њамаи онњо вобаста ба ќонунгузории замин буда, аз онњо 85 эътироз ба ќарорњои раисони шањру ноњияњои њоло дар вазифа фаъолиятдошта тааллуќ доранд», - зикр кард Насрулло Мањмудов, прокурори вилояти Хатлон. Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 316 љинояти хусусияти террористию экстремистидошта ошкор ва оид ба ин њолатњо парвандањои љиноятї оѓоз карда шуданд. Соли 2017 аз љониби шањрвандон ба прокуратураи вилоят ва прокуратурањои шањру ноњияњо 7 њазору 184 адад мурољиат ворид гаштааст, ки нисбат ба соли 2016 11,8% зиёд мебошад.
27,8 млн сомонї кам мебошад. «Сабаби пурра пардохт нагардидани андоз аз арзиши иловашуда аз корхонаи ЉДММ «Хуаксин Ѓаюр Семент» дар он мебошад, ки сементи истењсолгардида аз њудуди љумњурї содиротшуда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд», - зикр кард Ќ. Чиллазода, зимни нишасти хабариаш ба хабарнигорон. – Дар шањру ноњияњои Ќўрѓонтеппа 444 њазор сомонї, Вахш 284 њазор сомонї, Ќубодиён 1,1 млн сомонї, Љайњун 1,4 млн сомонї, Панљ 549 њазор сомонї, Ёвон 25 млн сомонї, Н. Хусрав 342 њазор сомонї ва шањри Сарбанд 824 њазор сомонї наќшаи андоз аз арзиши иловашударо таъмин накарданд. Дар идомаи суњбат зикр гардид, ки ба 1 декабри соли 2017 маблаѓи баќияпулии андозњо 172,8 млн сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба 1 январи соли 2018-ум 5,2 млн сомонї кам шудааст. Аз њаљми умумии маблаѓи харољот, ки 1431 млн. сомониро ташкил медињад, 941 млн сомонї ба музди маош, 232 млн сомонї ба фонди нафаќа ва 257 млн сомонї ба дигар моддањо равона карда шудааст. Ќ. Чиллазода дар нишасти хабариаш афзуд, ки ба њолати 1 январи соли 2018 дар ташкилоту муассисањои буљетї ќарздорї, аз љумла аз музди маош вуљуд надошта, ќарздорї аз фонди нафаќа дар ноњияи Абдурањмони Љомї 894 њазор сомонї ва ноњияи Ховалинг 2,8 млн сомонї вуљуд дорад.
ЧОР ЁДГОРИИ НОДИРИ ТАЪРИХЇ ДАР ФЕЊРИСТИ МЕРОСИ УМУМИЉАЊОНИИ ЮНЕСКО - Тибќи Барномаи давлатии “Њифзи мероси таърихию фарњангї барои солњои 20122020” чор ёдгории нодири таърихии вилоят - ќалъаи Њулбуки ноњияи Восеъ, шањраки Тахти Сангини ноњияи Ќубодиён, Мадрасаи Хоља Машњади ноњияи Шањритўс ва Аљинатеппаи ноњияи Вахш ба фењристи мероси умумиљањонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст, - зикр кард Бурњониддин Раљабов, сардори Раёсати фарњанги вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотї. Бино ба иттилои Бурњониддин Раљабов соли 2017 аз њисоби буљаи мањал барои харидорї намудани китобњои тозанашр 110 њазору 258 сомонї људо шудааст, ки ба ин маблаѓ 6 њазору 547 нусха китоб китобхонањои шањру ноњияњои вилоят дастрас гардидааст. Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки аз 502 китобхона дар вилояти Хатлон 29 китобхона таъмирталабанд. Инчунин, бинои китобхонаи ноњияњои Панљ, Восеъ, Муъминобод, Љайњун ва Бохтар дар њолати садамавї ќарор доранд. Дар шањру ноњияњои Сарбанд, Дўстї, Љайњун, Вахш, Бохтар, Панљ, Восеъ, Муъминобод, Ш. Шоњин осорхонањои таърихї - кишваршиносї таъсис дода нашудааст. Дар вилоят 19 осорхона фаъолият дорад, ки аз ин осорхонањои ноњияњои Ёвон, Носири Хусрав ва Шањритўс таъмирталаб буда, осорхонаи мардумии ноњияи Балљувон дар њолати садамавї
Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 22 декабри соли 2017 зикр намудааст: “Дар самти зиёд намудани майдони боѓу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истењсоли мевањои аз љињати экологї тоза, ба стандартњои љањонї мутобиќ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирњо андешида шаванд”.
Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї амалї мегардад
11,6 миллион сомонї ошкор карда шуд
М. Носирљон, “Хатлон”
ДАР партави паём
Љињати иљрои “Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” дар ноњияи Ёвон низ “Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї барои солњои 2016-2020” ќабул гардидааст. Зеро боѓу токпарварї як шохаи соњаи кишоварзии ноњия ба њисоб рафта, барои таъмини ањолї бо ангуру меваљот, ѓанї гардонидани сабади истеъмолии ањолї, таъмини корхонањои коркард бо мањсулоти тару тоза, афзун гардонидани имкониятњои содиротї ва муњайё намудани љойњои нави корї наќши назаррас мебозад. Љињати зиёд намудани майдонњои боѓу токзор бошад, шароиту имконият ва иќлими мањал мусоидат менамояд. Дар ноњия бисёр намуди дарахтони мевадињанда, аз ќабили себ, нок, олуча, зардолу, анор, чормаѓз, писта, бодом, тут ва ѓайра сабзиши хуб доранд ва аз љињати хусусияти хуби биологї доштанашон њамчун маводи селексионї барои офаридани навъњои нави серњосил истифода мешаванд. Боѓпарварони мо ба масъалањои бењтар кардани шароити нигоњубин ва тарзи парвариши нињолњо, бунёди боѓоти нав, истифодаи навъњои бењтарини дарахтони мевадињанда пайваста диќќат дода, солњои охир боѓњои замонавї (интенсивї) бунёд карда истодаанд. Бо маќсади иљрои Барномаи мазкур то имрўз чорабинињои зиёде ба анљом расонида шуданд. Дар Љамоати дењоти «Дањана» бо иштироки олимони Институти боѓпарварї ва сабзавоткории Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон ва Донишгоњи аграрии Тољикистон баргузор гардидани семинари машваратї аз он љумла аст. Дар ин њамоиши васеъ боѓпарварони ноњия ширкат варзида, бо маданияти боѓдорї, тарзи таќсимкунии ќаторњо, тайёр намудани ширахок ва тарзи шинонидани нињолњо шиносоии бештар пайдо карданд. Њамин гуна семинармашваратњо бо љалби мутахассисони варзидаи сатњи љумњуриявию вилоятї дар љамоатњои дењоти Обшорон ва ба номи Њасан Њусейнов низ ташкил ва гузаронида шуданд, ки бешубња, барои татбиќи босифати Барномаи мазкур мусоидати фаъол менамоянд. То соли 2014 дар доираи талаботи “Барномаи барќарорсозї ва рушди минбаъдаи соњањои боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 20052010” ва Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 августи соли 2009, №683 “Дар бораи тадбирњои иловагї доир ба рушди соњаи боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2014” дар ноњия 1142 га боѓу токзор бунёд карда шудааст, ки 114,2 фоизи дурнаморо ташкил дода, аз он 997 га боѓ ва 145 га токзор мебошад. Айни замон майдони нињолњои бисёрсолаи њудуди ноњия 2469 гектарро ташкил медињад, ки аз он 1373 га боѓот, 918 га токзор, 42 га тутзор ва 136 га боѓњои субтропикї мебошанд. Аз майдони умумии нињолњои бисёрсола масоњати 480 га боѓ ва 813 га токзорњои мевадињандаанд.
Дар зарфи 2 соли амалї гардидани Барнома дар ноњия 51,8 га боѓу токзорњои нав бунёд гардидааст, ки ин баробари 86,3 фоизи дурнамои панљсола мебошад. Аз 51,8 га боѓоти нав 37,8 га боѓ ва 14 га токзор аст, ки дар заминњои лалмї ва доманакўњњои намнокиашон ба парвариши нињолњо мусоидаткунандаи њудуди љамоатњои дењоти Дањана, ба номи Њасан Њусейнов, Обшорон, Ситораи Сурх ва ба номи Г.Юсуфова бунёд гардидаанд. Яке аз њадафњои “Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” барќарор намудани боѓу токзорњои куњна ва дар ин замина, иваз намудани нињолњои камњосилу пастсифат ба навъњои серњосилу хушсифати ба талаботи бозор љавобдињанда, баланд бардоштани њосилнокии онњо ва содирот намудани меваљоту ангур берун аз марзи кишвар мебошад. Натиљаи зањматњои пурмањсули боѓпарварони ноњия аст, ки њамасола наќшаи содироти мањсулоти кишоварзї барзиёд иљро гардида, ба Федератсияи Россия, љумњурињои Ўзбекистону Ќирѓизистон то 1000 тонна мева ва њудуди 300 тонна ангур содирот карда мешавад. Рушди минбаъдаи соњаи боѓу токпарварї, зиёд намудани майдони он ва дар ин асос афзун намудани шумораи дарахтони мевадињанда воќеан њам мустањкам намудани заминаи моддию техникиро талаб менамояд. Тайёр намудани замин (њамворкунї, шудгор дар чуќурии 50-80 см) барои бунёди боѓу токзор, тоза намудани зањкашу зањбурњо, таъмини нурињои минералию органикї, зањрхимикатњо, кашонидани меваю ангур ва ѓайра техникаи пуриќтидорро талаб менамояд. Мутаассифона, хољагињои дењќонї (фермерї) њанўз ќудрати харидорї намудани техникаи кишоварзии њозиразамонро надоранд. Ин мушкилоти ягона дар њолати ба таври лизинг дастрас намудани техникаи зарурї метавонад њалли худро ёбад. Дар он сурат боѓу токпарварон метавонанд, ки њосилнокии заминњоро афзун намоянд. Маблаѓи техникаи харидоришуда аз њисоби даромадњо дар давоми 5 сол пурра пардохт шуданаш мумкин аст. Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни яке аз суханронињояшон ќайд карданд: “Агар дар як мавсим ба њар нафар ањолии мамлакатамон шинонидани як нињол ё як буттаи гул рост ояд, дар се-чор соли наздик Тољикистон ба як боѓи ободу шукуфон ва кишвари сарсабзу хуррам мубаддал мегардад”. Ин аќидаи воќеъбинонаи Пешвои миллат барои њар шахси ватанпарвар дастури амал аст ва њамаи моро водор менамояд, ки дар ободонї ва сарсабзу хуррам гардонидани њар як гўшаи диёру дењоти хеш сањмгузор бошем. С. Ёќубов, сардори Раёсати кишоварзии ноњияи Ёвон
АЗ ЃАМХОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХУРСАНДЕМ
ќарор дорад. “Иштироки њунармандони Театри вилоятии мусиќїмазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Ќўрѓонтеппа дар Фестивали байналмилалии театрии “АRNORDO”, ки соли 2017 дар шањри Бишкеки Љумњурии Ќирѓизистон баргузор гардид, бо намоишномаи “Лаку Пак” ањли њунар соњиби 3 Љоиза ва Дипломи махсуси Вазорати фарњанг, иттилоот ва сайёњии Љумњурии Ќирѓизистон гардиданд”, - афзуд Бурњониддин Раљабов, сардори идораи фарњанги вилояти Хатлон. – Инчунин, њунармандони театри халќии ноњияи Муъминобод дар Фестивали љумњуриявии њаљвнигорон “Биё, бо њам бихандем” иштирок намуда, дар номинатсияи “латифагўї” сазовори љойи аввал дар љумњурї гардиданд. Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”
Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба мољавонон рўњу илњоми тоза бахшид. Бахусус, аз ѓамхорињои Сардори давлат мо, донишљўён шод гардидем. Зимни ироаи Паёми навбатии хеш низ Пешвои миллат бањри бењдошти иљтимоиёт ва фароњам овардани шароитњои зарурї сухан ронда, изњор доштанд, ки идрорпулии донишљўён 15 фоиз баланд бардошта шаванд. Ѓамхорињои Сардори давлат нисбати мо - љавонон пайваста эњсос мегардад. Муњтарам Эмомалї Рањмон ба љавонон боварии зиёд доранд. Шањодати ин пешбарї намудани онњо ба вазифањои роњбарикунанда ва њамчунин фароњам овардани имкониятњои зиёд бањри илмомўзии онњо мебошад. Мо аз ин ѓамхорињои Пешвои
миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон рўњу илњоми тоза гирифта, кўшиш менамоем, ки боз њам хубтару бењтар тањсил намуда, илмњои муосирро бештар омўзему дар амал роњандозї намоем ва дар пешрафти иљтимоиёту иќтисодиёти Тољикистони азизамон ба ќадри имкон сањми худро гузорем. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки тавассути квотаи президентї ба ман имкон дод донишљў гардам, изњори сипосу ќадрдонии худро баён менамоям. Њамчунин ба раиси ноњияи Восеъ Мўсо Ѓафурзода, ки доимо аз њоли мо, донишљўён хабар гирифта, ёрии амалї мерасонад, миннатдорем. Манижаи САИДАБРОР, донишљўи факултаи њуќуќшиносии ДМТ, сокини ноњияи Восеъ
ИФШОИ 389 ЌОНУНШИКАНЇ ДАР САМТИ ГУМРУК Дар воњидњои тобеи Раёсати гумруки Хатлон дар соли сипаришуда 389 њолати ќонуншиканї ба ќайд гирифта шудааст, ки аз инњо 4 љиноят ва 385 њолати њуќуќвайронкунињои маъмурї дар соњаи гумрук мебошанд. Тавре ки аз Раёсати минтаќавии гумрукї дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, нисбат ба њолатњои ошкоршуда
парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб дода шуда, њуќуќвайронкунандагон ба љавобгарї кашида шудаанд. Аз парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурии оѓозшуда 339 адад нисбат ба шахсони воќеї, 1 адад нисбат ба шахси мансабдор ва 45 адад нисбат ба шахсони њуќуќї мебошанд. Н. Мустафо
3
ХАТЛОН
панљшанбе, 25 январи соли 2018, №3 (3140)
ёди он рўзњо
ЌИССАЕ АЗ ФОЉИАИ КАЛОН Њар ќадаре, ки аз рўзгори гузаштаи худ дуртар равем, ба маънии он бењтар сарфањм меравем. Чархи зиндагї пеш меравад, ташвишњову умед ба ояндаи неки ањли оила моро дилгарм мекунанд. Аммо ёди рўзњои неку хотирмон, нобарору тира њамеша моро дунболагиранд. Бо имрўзи мо њамсафаранд... Тирамоњи соли 1992, њаќиќатан, аз хазон хабар медод. Зодгоњам Ќўрѓонтеппа ќўрхонаи љанги бародаркуш, ба ќавле дар “сентябри хунин” оѓушта буд. Мањаллаи мо, ки бо совхози «Туркманистон» - «ќассобхона»-и нањзатињо њамсарњад буд, барои тарсондан, тазйиќу гаравгонгирї, куштору хунрезї дастрас ва мувофиќ менамуд. Овозаи дар ќишлоќи Сайид Абдуллоњи Нурї гузаштани амри маъруфњои ташкили давлати исломї, маљбур кардани занон ба пўшидани либосњои сиёњи эронию арабї, љалби наврасону љавонон ба тањсили динї дар мадрасањои кишварњои хориљї, таъмини майдоннишинињои «Шањидон», таъќиби зиёиён боиси нигаронї шуда бошад њам, њељ кас бовар намекард, ки ин тарѓибот ба сари тољикон чї кулфатеро ба бор меорад. Бори охирин 28-уми август ба дидорбинии падару модар омадам. Падарам, ки муаллими таъриху љамъиятшиносї буданд, шояд аз пайомадњои ин бесарусомонињо дар ташвиш афтода буданд, таъкид карданд, ки дигар ба шањр наоям. Ба ин суханони падар диќќати љиддї надодам, аммо њини гузаштани дидбонгоњи назди дарвозаи совхози «Туркманистон» эњсос кардам, ки одамони силоњбадасти ваљоњаташон бељо ба автобус даромада, мусофиронро аз назар гузарониданд. Ин дидбонгоњ на танњо шањру ноњияро, балки мардумро ба ду сангари муќобил људо мекард. Аз ин муносибат бўйи ѓараз, бўйи ниќору мањалгарої меомад. Ноњинљорию гумонњои мо дер давом накард. Сеюми сентябр хабари аввалин тирпарониву ќурбонињои Ургутмањалла пањн гардид. Овозањои кушта шудани њамаи сокинони мањалла, ба яѓмо бурда шудани молу мулки онњо аз тарафи мухолифин то хољагии «Навбањор» њам расид. Барои донистани њаќиќат њар нафареро, ки ба дења меомад, мепурсидам. Хотирам парешон, таги дилам сиёњ, дастам ба коре намерафт. Модари шогирдам Улуѓбек, ки дар давоми се рўз аз байни замину хонањои мардум шабона, гаваккашону пиёда ба дења расида буд, ба хушдоманам гуфтааст, ки «њамаи аъзои оилаи муаллим Мањкамовро нањзатињо куштаву хонаро талаву торољ кардаанд».Ин шумхабарро аз ман пинњон доштанд. Хусурам, ки иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї буданд, маро таскин медоданд, дар бораи љангњои аскарони сурх бар зидди фашистон наќл мекарданд ва ба рўяшон ашк мешорид. Гумон мекардам, ки барои њамяроќони дар љанг шањидшудаашон гиря мекунанд. Аммо мўйсафед ба њоли ман оби дида мекардаанд. Мегўянд, ки инсон, хусусан занњо, ки эњсосї њастанд, беморию бадбахтї ва марги пайвандонро пештар њис мекунанд. Тасаллои муаллимони њамкор, њамсояњо, аъзои оилаам ба дарду алами ман малњам намешуд. Дар њолати муаллаќ будан ва интизори донистани њаќиќат маро азоб медод. Субњдаме њавлиро рўфта, аз таги тиреза мегузаштам, ки суњбати хушдоманамро шунидам, ки мегуфт: -Дар хонаи ќудо касе зинда намондааст, мегўянд. Рўњи онњо
ором гирад. Гўсфандро забњ карда, барояшон хайр кунем, савоб мешавад. Худоё, хонаи ин хел муллоњо сўзад, ки мурдаатро ба хок супурда натавонию дар њаќќашон дуо бихонї. Чї хел ба келин ин гапро мегўем? «Омад ба сарам аз он чи метарсидам»-ро аз дилам гузарондам ман. Наздикони ман чї гуноњ дош-танд? Падару модарам 40 сол боз бо ќаламу китоб ба фарзандони халќ таълиму тарбия доданд. Подоши мењнати омўзгор њамин аст? - саволњои пайињам дар сарам чарх мезаданд. Мардуми дења ба шахси мусибатзада дар ѓамшарикї хеле самимианд. Мањз мењрубонињои онњо бардошти аламу мусибатамро сабукї мебахшид. Садои тирпаронињои БТР ва танкњо аз дењањои Комсомолу Куйбишев шунида мешуд. Халќ савораву пиёда ба ноњияи Вахш ва аз он љо ба Данѓара, ба љойи бехавфтар мешитофтанд. Пиронсолон аз тарс ба тањхонањо пинњон мешуданд. Ман бесаброна барномањои ахбори телевизионро медидам. Мехостам аз шањр хабаре шунавам. Шабакањои русї ањён-ањён аз вазъияти Тољикистон иттилоъ медоданд. Интизорї ба дилам зад. Азбаски хавфи гаравгон ё асиру кушта шудани мардон аниќ буд, тасмим гирифтам,ки бо кўдак ба роњ бароям. Бояд тавассути роњи ноњияи Вахш ба Калининобод ва баъд ба шањр мерафтам. Кўдаки 3-сола дар аробача, халтаи либосњои кўдакона, ду нон ва шишаи об тўшаи роњ доштам. Аъзои оилаам, занњои дења ашкрезону ботаассуф гуселам карданд. -Мо барои туро аз фарзандат њам људо кардан њаќ надорем. Таъзияи моро њам расон, духтарам, дуои сафар доданд хусурам. Сањарии барваќт ба роњ баромадем. Танњо аз байни роњи мошингард мерафтем. Тирамоњ буттаву дарахтонро хазон кардаву дењањои хомўшу беодам манзараро њузнангезтар љилва медоданд. Дар сарам як фикр мечархид: Бояд то ѓуруби офтоб ба шањр расем, вагарна дар ин љойњои ношинос чї кор мекунем? Тарс ва мењри пайвандонам дар ду паллаи тарозу меистоданд. Ќарзи фарзандию хоњарї ба ман ќувват мебахшид, љасорат медод. Аз тез рафтан, ба сангњои роњ бархўрдани чархи аробача кўдак лат мехўрд, гиря мекард. Роњи совхози ба номи Киров бояд ба роњи калони Калининобод мепайваст. Ин роњ аз бари кўњпорањову чарогоњњо, аз баландї мегузашт. Дењањои дар поён љойгирифтаро дар рўйи каф барин дидан мумкин буд. Дар њавлињо касе наменамуд. Сагњои подабонї моро дида аккос мезаданд, аз дунболи мо то хеле роњ мерафтанд. Маънии њикмати «одам бо одам зинда»-ро њамин лањзањо дурусттар дарк кардам. Барои таскини худ гоњ-гоњ ба лафзи кўдакона ба писарам гап мезадам. Шукр мекардам, ки аќаллан ў дар бари ман аст. Дар хамгашти роњ ногоњ як тележкаи пуродам намудор шуд. Хурсанд шудам, ки дар давоми 5-6 соати танњої одамонро вохўрдам. Мо 150-200 метр дуртар мерафтем. Шояд ронанда саросема буд, ки босуръат тракторро гардонд. 10-12 нафар мардони љомапўш аз панљарањои симини трактор дошта рост меистоданд. Онњо аз мо торафт дуртар мешуданд. Танњо чангу хоки роњи ноњамвор ба рўямон мезад. Ман умедамро кандам. Обилањои пойњоям месўхтанд, китфонам аз тела кардани аробачаи кўдак дардманд шуда буданд. Аммо аламам аз он зўртар ва
роњро давом додан лозим буд. Ба гумонам, савобљўе ба ронанда хабар дод. Трактор бозистод. Њама ќувватамро љамъ карда давидам. Аробачаро бо кўдак бор карданд. Худам њам ба панљара часпида баромадам. Оњи сабук кашидам. Дидам, ки дар миёна шахсе хобидааст. Гумон кардам беморе бошад. Не, ин майит мехобид. Њама мотамдору аламзада менамуданд. Барои љаноза кардани наздикашон мерафтанд. Њама хомўш ва боизтироб. Ин дарду сўзиш бароям шинос буд. Дилам ба риќќат омад. Баъд аз ќариб як соати бардорузани трактор ба дарвозаи хољагии Гулистон расидем. Роњи калони мошингарди ЌўрѓонтеппаКалининободро шинохтам. - Хоњар, мо ба тарафи Минчерон меравем, - ишора кард мўйсафеде. Ман аз ин одамон миннатдор будам, ки роњамро хеле кўтоњ карданд. Овози трактор торафт пасттар мешуд. Боз мо танњо мондем. Аз роњи калон, аз зери кўпрук гузашта тарафи шањр рањсипор шудем. Як автобуси зарди Икарус чунон босуръат гузашт, ки чанги роњ ба осмон печид. Боз њамон оромии вањмангез. На овози парандаву чаранда, на мошину одам. Суханони зани њамсоя ба хотирам омада, асабамро мехарошид: Муаллима наравед, «вовчикњо» (тарафдорони мухолифин, вањњобиён ва аъзоёни ЊНИТ-ро чунин лаќаб монда буданд) занони мотамгирифтаро мешинохтаанд. Онњоро таъќибу тањќир мекардаанд. «Барои кї азо гирифтаед? Падару бародаронатон кофиранд, онњо шањид нестанд. Одамони зидди ислом лоиќи ќабр нестанд», - гўён њатто мурдањоро барои гўрондан њам намедодаанд. Онњо ба занону кўдакон њам рањм надоштаанд… Ман ба умќи ин суханон сарфањм рафта, худро дар вартаи бесару нўг тасаввур кардам. Аз кўфти роњ монда шуда будам, кўдак низ ѓаш мекард. Садои мошине торафт баландтар шуд. Љуръати ба ќафо нигаристанро надоштам. Наздик, боз наздиктар омад. Рафту мухолифин бошанд - чї? Мошини УАЗ - ик аз тарафи рост истод. Дилам сахт-сахт мезад. Наход то хамин љо расему дидани наздиконам насибам набошад? Аробачаро сахттар доштам. Кўдак њам гўё њолати маро медонист, бо чашмони илтиљоомезаш ба ман менигарист. Ба танам рашъа дамид. -Куљо меравї, хоњар? - гуфтани ронанда маро ба худ овард. Маљбур нигоњ кардам. Дар бари ронанда Абдулмаљид Достиев менишаст. Њамон Достиеви бохтарї, шахсе, ки ба ман билети партиявї дода буд. Он лањза гўё наљотбахшамро рў ба рў медидам. Гиря гулўгирам кард. Дидани чењраи шинос ашкони ѓаму шодиамро равон кард. - Шумо дар бораи…оилаи Мањкамовњо… ягон хабар доред?канда - канда пурсидам ман. Медонистам, ки Достиев падарамро мешинохтанд. Дар комиљроияи ноњия бо амакам њамкор буданд. Падарам дар бораи кордониву фидої будани Достиев ба ман наќл карда буданд. Он кас ба љойи љавоб гуфтанд: - Муаллима, бояд ба дигарон намуна бошї. Њатман тинљию амонї мешавад. Рўзњои нек моро интизоранд. Мардумро сарљамъ ва ором карданамон лозим. Ин кор аз њар яки мо вобаста аст. Ин суханон дар дилам шуълаи умедро афрўхтанд. Шояд барои он кас вохўрдани одамони ѓамдида, ѓамхориву тасаллои онњо кори њаррўза ва масъулиятнокашон
буд. Дар он рўзњо дањњо ман барин аламдидагон мурољиат мекарданд. Достиев ба њар яки онњо љавоб мегуфтанд, рўњбаланд менамуданд. Мошин то даромадгоњи шањр овард. Дар назди бозор 10-15 нафар одамони силоњдор гаштугузор мекарданд. 2-3 пиразани рус бо аробачањои пури љињози хона, косаю табаќ, чизњои хўрданї сўйи хонањои баландошёна рањсипор буданд. Шањр бефайзу вайрона менамуд. Табиати инсон аљиб аст. То бо чашми худ набинад, ба њаќиќати он бовар карданаш душвор аст. Умед ба анљоми нек моро њамеша роњнамої мекунад. Аммо некандешии ман асоси воќеї надошт. Кўчаи шинос, хонаи падар намоён шуд. Пойњоям ба љойи пеш рафтан гўё маро ќафо мекашиданд. Дарвозаро кушодам. Хоњарам Дилрабо куртаи сиёњ дар бар, рўймоли сафед бар сар њавлї мерўфт. Фиѓони мо, се хоњарону модарам ба фалак печиду боз њамсоязанњоро љамъ кард. Њамон рўзи нањс ба ѓайр аз падару додарам ду писари њамсояНеъматљон ва Султонро низ дар тањхонае ёфта, паронда буданд. Модару хоњарони онњо низ ба мо њамроњ шуданд. Аз нолањои љонгудоз на танњо пайкарамон, балки замин меларзид. - Хайрият, ки зинда будаї. Аз пости ќалъача (мардум даромадгоњи совхози «Туркманистон», ки ќабристони куњна дорад, њамин хел ном мебаранд) чї хел гузаштї? Аз њаммоми «одамкуш» натарсидї? - саволборон карданд њамсоягон. Дар шањр њам овозањои «корнамоињо»-и берањмонаи нањзатињо дар ноњияи Вахш вирди забонњо гашта буд. Занону духтаронро таљовуз мекардаанд, тањќир намуда, кўдаконашонро дар пеши чашмашон мекуштаанд, барои шавњару бародаронашон ќасд мегирифтаанд. Боз онњо давлати исломї мехостаанд. Худашонро мусулмони асил метарошанду аз мусулмонї хабаре надоранд. Одамкушї гуноњи азим аст. Ба муллову масљид њам ихлосамон намонд. Ба љойи намозу савоб чї балоњоеро ба сарамон оварданд.мегуфтанд занон. Наќли онњоро мешунидаму Худоро шукр мекардам, ки толеам баландї карду зинда мондам. Роњи дарозу пуразоб доштам, аммо ба шањр расидам. Агар бо ману писарам бадбахтие мешуд, «болои сўхта намакоб» алами барзиёдро бардошт кардани наздиконам осон намебуд. Њисси кунљкобиам маро ором намегузошт. Сабаби фољиаи оилаамонро донистан бароям муњим буд. 3-юми сентябр дар назди кинотеатри «Ватан» митинг барпо мешавад. Тарафдорони њизби нањзати исломї, ки дар њаммом ситоди худро ташкил карда буданд, аз участкањои Сохтмону Зарбадор ба муќобили муњофизони њукумати ќонунї камин гирифта будаанд. Гўё аъзоёни Фронти халќї дар масљиди љомеъ ва хонањои Ургутмањалла паноњ бурда будаанд ва аввалин њуљум мањз ба њамин љой рост омадааст. Падарам модару янгаамро ба хонаи бобоям Ањмадљон фиристода, гуфтаанд: -Ману ту як умр муаллимї кардем. Ба фарзандони њарду љониб њам њаќќи устодї дорем. Мо гуноње надорем. Хавотир нашав. Ману Хуршед њавлиро нигоњ мекунем. Лекин кї медонист, ки нањзатињо на ба ќадри муаллим расиданду на њаќќи њамсояро донистанд. Ба халќ, Ватан хиёнат карданд. Мансабхоњию њирси моли дунё чашми онњоро кўр карда буд. Шоњиди воќеа Саломатхола
мегуфт: «3 нафар, ки пешониашонро бо латтаи сиёњ баставу дар он бо хатти арабї чизе навишта шуда буд, ба хонаи мо њам даромаданд. Писари ягонаамонро њадафи тир карданї буданд. Ба пеши пойи онњо афтидам, илтиљо кардам, ки фарзанди ягонаамро накушанд. Як нафари онњо бо ќундоќи милтиќ писарамро тела дода, баромада рафт. Дар сари яктои онњо сарпўши додаратро дида шинохтам. Онњо аз њељ чиз рўй натофтанд. Љангашон барои пулу мол будааст. Мошинњои калони боркашро дароварда, њама чизи хонаатонро бор карданд. Додаратро байни ду тиреза рост монда 33 тир задаанд. Тани бачаи 18-соларо ѓалбер кардаанд, беинсофњо. Падарат аз ду тир њалок шудааст. Хуни онњоро њамин кадар шўянд њам, доѓи он намеравад. Онњо бегуноњанд, шањид шудаанд». - Аз њавлиатон сатил-сатил тир чиндем, - давом дод аммаи Рањима - Хайрият, ки бародарат Эркин аз ситоди бобои Сангак як БТР оварду зери тирборони мухолифин мурдањоро ба ќабристони мањаллаи Янгиобод бурданд. Мардуми кўча ба мошинњо савор шуда, љон дар каф ба дигар љойњо гурехта рафтанд. - Шояд ќотилон зархаридон буданд? - пурсуков кардам ман. - Не, тољикї гап мезаданд, одамони бегона менамуданд, мефањмонд њамсоя. Баъдтар фањмидам, ки ин нањзатињои љаллод аз Ќумсангир бо супориши ЊНИТ ба кумаки њаммаслаконашон омада будаанд. Мегўянд, ки бадбахтї пайи њам меояд. Бародарам ба ин беадолатии нањзатињо тан намедод, худро маломат мекард, ки ањли оилаамонро њифз карда натавонист. Барои пайвастан ба Фронти халќї ба Сарбанд рафту беному нишон шуд. Модарам дар мотамњои дигарон пуралам мегирист, бо нолањояш њамаро мегирёнд. Љустуљўйњо бебарор буданд. Апаам Маърифат ва холаам Сабоњат барои ёфтани љасади бародарам якчанд ќабрњои амонатии ќурбониёни љангро кофта, ўро наёфтанд. Дар куљое хабари ќабри шахси номаълумро мешунидем, суроѓ мекардем, ки мабодо бародари мо набошад. Дуо мекардему ба бозгашти ў умед мебастем. 4 фарзанди бародарам бепадар монданд. Додари 18-солаам Хуршед љомаи домодї напўшид, орзуњояшро ночор ба хок бурд. Дар урфият «марги падару модар мерос, аммо азони љигаргўшањо теѓи алмос» мегўянд. Гум кардани фарзандони падар алами талхтар будааст. Модарам то охири умраш роњи бародарамро нигарон буд ва ин аламро бо худ бурд. Њар гоње ки Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар бораи љанги шањрвандї, ба ивази 150 њазор ќурбонињои фољиа ба даст омадани сулњу субот, њифз кардани истиќлолиятро ба мардум ва хусусан, љавонон таъкид мекунанд, алами људоии наздиконам нав мешавад. Фољиаи оилаи мо њам ќиссае аз он дарди халќ аст. Љойи њар як шањидони љанг дар хотирањо монд, дар ќиссањову таърих сабт ёфт. Имрўз фазои орому обод дорем. Як фикр маро некбин мекунад. Падару бародар ва додарам орзуманди њамин хел њаёти осоиштаи мардум буданд. Рўњашон шод бошад! Ману фарзандонам, наберагонам хушбахтем, ки дар Тољикистон амалї шудани ин орзуњоро мебинем. Зиндагї идома дорад. Рўњияи бунёдкориву созандагї њукмфармост. Аз ин ояндаи Ватан боз њам шукуфонтар хоњад шуд. Дилором МАЊКАМОВА, сокини шањри Ќўрѓонтеппа
Андеша
рањГумзадагон њељ ба маќсад нарасанд Ба њамагон рўшан мебошад, ки терроризм ва ифротгарої дар ин ё он гўшаи љањон торафт бештар доман афканда, боиси ташвишу изтироби љањониён гаштааст. Ба андешаи мо, дар дунё имрўз ягон давлате нест, ки аз амалиёти дањшатафзои террористу ифротгароён дар ташвишу тањлука набошад. Зеро амалњои хатарзои террористону ифротгароён иќтисодиёту иљтимоиёти њар мамлакатро ба поён бурдаву њатто ба нестї мерасонад, боиси марги садњо одамони бегуноњ мегардад. Сарвари давлати мо Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон зимни њама суханронињояшон, хусусан дар Паёми охиринашон таъкид месозанд, ки «мо љонибдори низоми љањонии одилона, бидуни љангу низоъ, густариши њамкориву шарикии баробар ва судманди њамаи кишварњои олам, таъмини амнияти љањониву минтаќавї бо роњи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттањид мебошем. Бо дарназардошти воќеияти кунунї ва бо маќсади таъмини амнияти устувор љињати пешгирї аз хатарњои афзояндаи терроризму ифротгарої ва дигар тањдидњои замони муосир мо омодаем њамкорињои густурдаро бо созмонњои байналмилаливу минтаќавї ва кишварњои шарик таќвият бахшем». Сардори давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон аз нахустин рўзњои сари ќудрат
омаданашон мардуми шарифи мамлакатро даъват менамуданд, ки роњи ободгароиву ватандўстиро пеш бигиранд. Президенти мамлакат хусусан аз љавонони имрўза умедњои басо калон доранд. Бењуда нест, ки аз љониби Пешвои миллатамон соли 2017 Соли љавонон эълон шуда буд. Дар ин як сол аз љониби љавонони кишвар корњои зиёди ободгароиву созандагї ва ташаббусњои нав ба нави ватандўстона ба миён омадаву ба сомон расонда шуда буд. Вале боиси
афсўс аст, ки дар байни љавонони мо низ ашхоси камандешу гумроњзада кам нестанд. Чунончи, баъзе љавонон бинобар гумроњиашон рафта дар задухўрди бемаънии Сурия иштирок намуда, бисёрашон љони љавони худро бохтанд. Бадтар аз ин, чунин љавонон боз бисёр њамсолони худро аз роњи дуруст бароварда ба куштан медињанд. Дар натиља бисёр оилањои љавон бесаробон мемонанд. Баъзе љавонон ин кирдорњои номатлуби худро бо номи «љињод» пањн мекунонанд, ки ин амал асло љињод нест. Ин ќабил љавонон аз дини мубини ислом огањии комил надоранд. Аз ин љост, ки ин дини муќаддасро ба манфиати худ ва ба корњои зараровар истифода мебаранд. Љанги бемаънии бародаркуши соли 1992-1993 имрўз аз хотири њељ кас фаромўш нашудааст. Бо дасисаи як гурўњ муллоёни мансабљўю вазифаталаб њазорон нафар одамони тамоман бегуноњ ќурбон гардиданд. Чї ќадар бинову манзилњои истиќоматии
мардум ба коми оташ рафтанд. Аз ин нобасомонињо ахлоќи љомеа рўз ба рўз коста мегардид. Ин љанги бемаънї бароямон бояд њама умр дарси ибрат гардад. Ба бахти баланди тољикон Худованд ба мо фарзанди фарзонаи миллатро таќдим намуд, ки аз ќадамњои нахустини фаъолияташ ба сарљамъ намудани халќи азияткашидаву парокандашуда кўшиш кард. Ин кори сањлу осон набуд. Вале азбаски худ дар дил мењру муњаббат ва рўњияи баланди ватандўстиву халќпарварї дошт, бо сад душворї њам бошад, тадриљан ба маќсад расид. Имрўз Тољикистони мо як давлати обод, тинљу осуда ва мутараќќист. Вале бояд таъкид дошт, ки тарбияи зањматкашон, чуноне, ки Эмомалї Рањмон мегўянд, кори яксолаву дусола набуда, бояд вазифаи якумрии њар як тољику тољикистонї бошад. Дар њамон сурат мо метавонем сулњу субот, њамдигарфањмї ва бародархондагиро дар ватани худ љовидона устувор гардонем. Вазифаи мо он аст, ки аз тарбияи љавонон дар роњи ободгароиву созандагї, рўњияи ватандўстї заррае фориѓ набошем. Њамон ваќт мо метавонем сулњу дўстиро дар ватани худ абадан мустањкам созем. Ин амалњо, ба андешаи ман, вазифаи њар яки мост. Бояд њељ гоњ ба гуфтањои душманони берунаамон фирефта нашавем. Њар яки мо бояд бидонем ва бо аќли худ дарк намоем, ки онњо њељ гоњ моро ба роњи дурусту ояндасоз рањнамун намесозанд. Аз ин рў, њар яки мо бояд аќли расои худро истифода бурда, дар ободонии ватанамон бикўшем. Зебонисо Ќурбонова, омўзгори ДДЌ ба номи Носири Хусрав
МЕЊРУ МУЊАББАТБАЌОИ ОИЛА
Зиндагї лањзаи бешу ками њаёт аст, ки онро пастию баландињост. Дар муњити оила њамсафари умр њамсаронанд. Агар рафиќони њаётї оќилу доно, њушёру зирак ва дўсту мењрубон бошанд, сутуни оила мустањкаму фазои он њама хушбахтист. Зиндагї бо њама шебу фарозаш хуш мегардад. Агар нек нигарем, авроќи зиндагї худ њама панд аст. Маликушшуаро Абўабдуллоњ Рўдакї фармудаанд: Зиндагї панди озодвор дод маро, Зиндагї чун нигарї, сар ба сар њама панд аст. Аммо бисёр ваќт ин пандњои зиндагиро нодида мегирем. Аз ин рў, дар љомеа, дар мањал ё њамсоягиамон њолатњои барњамхўрии оилањо ба назар мерасаду худро канор гирифта, бетарафиро ихтиёр мекунем. Ќабл аз њама, ба ин њаводиси нангин - вайроншавии оилањо издивољи бемаслињат, тайёр набудани фарзандон барои пойдории оила боис мешаванд. Зўроварї яке аз зуњуроти номатлуби муњити оиладорї дар ин шумор аст. Марду зане, ки њарду толиби њукмронї дар оила бошанд, мисли ду шоњеанд, ки раќиби якдигаранд. Ва нооромиву бадгумонї ва хавфу бим сабабгори љангу љидол то људої мегардад. Дар ин миён фарзандон ятиму зиндаљудо аз волидайн мешаванд. Бисёр њолатњое ба мушоњида мерасанд, ки аз носабурї ва асабоният оилањо вайрон шудаанд. Тањаммул кардан ба њар кор пеш аз пушаймон шудан баъд аз анљоми амали номаќбул шарти зиндагї дар њаёт аст. Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек асоси хушбахтињо дар оила мебошад. Бояд ана њамин нукта шиори зиндагии рўзгори зану мард бошад. Танњо дар ин сурат ресмони муњаббат гусаста нахоњад шуд ва оила солиму бобаќо мемонад. Паёмбари Акрам (сс) (ба ривояти Имом Албухорї ва Муслим) фармудаанд: «Бењтарини Шумо касест, ки бо њамсараш ба накўї рафтор мекунад». Аз ин њадиси сањењи Расули Акрам (сс) бармеояд, ки зану мард дар оила аз марзи њуќуќњои њамдигарї таљовуз накунанд. Бахусус гилаи занон аз надоштани љавоњирот ё либоси бењтарин ва таќозои ў аз шавњари худ пайи ба даст овардани моли гаронбањои замон ва нокомии шавњар аз пайдо кардан ва талаби занро ќонеъ нанамудан ду љонибро аз њам дур мекунад. Ин бошад, оќибат ба вайроншавии оила оварда мерасонад. Мардон њам дар љурми гусастани риштаи издивољ сарфи назар нестанд. Бисёрњо рух додааст, ки баъзе мардњо дар њолати асабоният зани худро талоќ дода, баъдан худ пушаймон мешаваду Иблисалайњилаънаро шод мегардонад. Агар ќабл аз ин амали номатлуб тањаммул мекарду сабур мебуд, њаргиз сутуни мустањками оила намешикаст. Њадиси дигарро Абўњурайра (р) аз Расули Худо (сс) ривоят кардаанд, ки ин аст: Паёмбари Худо (сс) фармуданд: Муъминоне имонашон комилтар аст, ки ахлоќашон бењтар бошад. Ва бењтарини Шумо онњое њастанд, ки бо њамсарони
худ бењтарин рафторро дошта бошанд. Њодисањои нангине баъзан дар љомеаи мо рух додаанд, ки занњо ба худсўзию худкушї даст задаанд. Бисёрии ин њаводис аз як тараф поймол шудани њуќуќњои оилавии онњо бошад, аз тарафи дигар нодонї, тайёр набудан ба бунёди оила ва инчунин бетарафии ањли љомеа мебошад. Агар сари ваќт маќомотњои мањаллї, пирони рўзгордида, њамсояњо бо маслињати неки худ ба роњи мустаќим њидоят мекарданд, шояд чунин њодисањо рух намедод. Агар њамаро ба њукми таќдир њавола созем, ин њам хато аст. Зеро Холиќ бењтарин неъмат барои бандагонаш аќлро додааст, ки ба дигар махлуќонаш надода. Шайх Муслињиддин Саъдии Шерозї фармудааст: Чу коре бе фузули ман барояд, Маро дар вай сухан гуфтан нашояд. В-агар бинам, ки нобинову чоњ аст, Агар хомўш биншинам, гуноњ аст. Маќоми зан дар кишвари тозаистиќлоли мо хеле арзанда аст. Онњо баробари мардон њуќуќи хондану кор карданро доранд. Тавре ёдрас шудем, зан-модар дар ањкоми шаръї манзалати воло дорад. Паёмбари Худо (сс) фармудаанд, ки «Љаннат зери ќудуми модарон аст». Бузургон ин маъниро ба назм даровардаанд: Љаннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери ќудуми модарон аст. Агар дар оила њамдигарфањмї, тифоќї ва эњтиром миёни зану мард бошад, аз ин табаќаи хурду аввалини љомеа фарзандони солиму солењу солења ба камол мерасанд. Он тавре ки зикр кардем, шарти аввалиндараљаи волидайн он аст, ки фарзандони худро барои бунёди оилаи нав њаматарафа омода намоянд. Модар мебояд духтарашро бо зевари њунарњои занона ороиш дињад. Яъне, њунарњои кадбонугї, шустушўй, дўзандагї, пухту паз, эњтироми шавњар, хусуру хушдоман ва дигарон меомўзад. Танњо дар ин сурат оила пойдору мустањкам мемонад. Љомеаи солим аз оилаи солим маншаъ мегирад. Пас сари ин масъалаи муњим масъулияти волидайни оилањои љавон дар мадди аввал ќарор доранд. Мањз барои њамин њам Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расидааст. Роњи зиндагї ноњамвор аст ва бояд роњрав тўша аз сабурї ва тањаммул бо худ дошта бошад. Ин тўшароњро ба фарзандон танњо волидайн ба њамсафарони навини умр дода метавонанд. Парвардигор дар каломи худ мефармояд: «Ва агар зане аз шавњараш саркашї ё рўгардонї дошта бошад, пас ба онњо боке нест, ки дар миёни худ сулњ оранд. Ва сулњ кори бењтар аст». Воќеан њам чунин аст, ки аз сулњ тинљї, оромиш ва сафои рўзгор мехезаду аз љанг баръакси онњо. Кибру ѓурур бояд миёни њамсарон набошад, ки куборро оташи љањаннам интизор аст. Њар кї барои сулњ гоме пеш нињад, савоби бештаре ёфт. Дини мубини ислом доштани зани солењаро неъмати дунёву охират медонад. Бузургвор Шайх Муслињиддин фармудаанд: Зани хубу фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо. Киро хона ободу њамхоба дўст, Худоро ба рањмат назар сўи ўст. Садоќату вафодорї, мењру муњаббат оиларо устувору пойдор мегардонад ва ин неъматњои арзишмандро барои њама, бахусус љавонони навхонадор аз Худованди муттаол таманно дорем. Сафаралї ОДИНАЕВ, имомхатиби масљиди љомеи Тугараки Љамоати дењоти Тугараки ноњияи Восеъ
ХАТЛОН
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон
ОБУНА БАРОИ СОЛИ 2018 Идома дорад Рўзномаи «Хатлон» иљрои ќарору дастур ва нишондодњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилоятро ба табъ мерасонад, њамчунин рўйдодњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии вилоятро ба таваљљуњи хонандагон мерасонад. Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён зикршуда гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта, 70 сомонї мебошад.
ОБУНА ДАР ИДОРАИ РЎЗНОМА ТАРИЌИ НАЌДЇ ВА ЃАЙРИНАЌДЇ ЌАБУЛ КАРДА МЕШАВАД. Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Логинов-12. Филиали «Амонатбонк-42», шањри Ќўрѓонтеппа С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон
4
ХАТЛОН
ТУРИЗМ Сайри Хатлони Бостон
ЧАКАН - МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТИ ТОЉИК
Идораи рўзномаи «Хатлон» рубрикаи нави «Марњамат ба Хатлон!»-ро бо маќсади таблиѓи имкониятњои соњаи сайёњї, муаррифии мавзеъњои туристї, обњои шифобахш, ёдгорињои таърихїфарњангї ва љалби сайёњони ватанию хориљї ба ин мулки бињиштосо пешнињоди хонандаи гиромии худ мегардонад. БО ЊАМ САЙРИ ХАТЛОН МЕКУНЕМ!
ЧИЛУЧОРЧАШМА ванд, балки дар худи сарчашмаи обњо шино мекунанд. Морњо бошанд аз болои моњињо гузашта ба онњо кордор намешаванд. Чилучорчашма мавзеи зиёратї, истироњатию рекреатсионї ба шумор рафта, дар инљо туризми зиёратї, истироњатї ва табобатї хело рушд ёфтааст. Зиёраткунандагон ин љо тањорат мекунанд, намоз мегузоранд, ќурбонї меоваранд ва дар оби чашмањо оббозї мекунанд. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Њар як чашмааш хусусиятњои табобатї ва ба худ номи хос доранд. Чашмаи муйин - аз рехтани мўй, хуни
Чилучорчашма дар Тољикистон ва дар Ўзбекистони њамсоя хеле машњур аст. Дар ин мавзеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрї кардан ва сохтани шабакањои обёрї дар давраи шўравї), аз пайи теппаи начандон баланд панљ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда таќсим мешавад. Оби њамаи чашмањо якљоя шуда, љуйбори калони васеъгияш 10-12 метраро ташкил медињад ва дар он моњии зиёде мављуд аст. Дар ин љо аз њама муъљизае, ки туристонро ба худ чалб намудааст, ин моњињо ва морони Чилучорчашма мебошанд. Моњињо бо љараёни об ба поён намера-
ДАР МЕЊМОНИИ САРБОЗОН Бо ибтикори Иттифоќи љавонони Тољикистон ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар ќисмњои њарбии 0336-и Раёсати Ќўшунњои сарњадї ва (3503-и Ќўшунњои дохилии) 0340 - и ВКД чорабинии маърифатї-фарњангї баргузор гардид.
Бино ба хабари Бењрўз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо љавон ва варзиши вилоят, роњбарияти давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон ба насли љавон доимо таваљљуњи махсус зоњир намуда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва њаёти иљтимоиву иќтисодии онњо шароити мусоид фароњам меоваранд. Дар чорабинї инчунин ба як ќатор афсарону сарбозон барои хизмати содиќона ба халќу ватан
туњфањои хотиравї таќдим гардид. Аз љониби ихтиёриён низ ба сарбозон маводњои иттилоотї таќсим карда шуд. Дар идомаи чорабинї барои болида гардонидани хотири сарбозон бо иштироки Аловиддин Абдуллоев, директори Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Ќўрѓонтеппа, барномаи рангини фарњангї таќдими њозирин гардонида шуд.
марзи давлатї
32 КИЛОГРАММ МАВОДИ МУХАДДИР МУСОДИРА ШУД Хизматчиёни њарбии Ќўшунњои сарњадии КДАМ Љумњурии Тољикистон дар якљоягї бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар яке аз минтаќањои дидбонгоњи сарњадии отряди сарњадии «Њамадонї» амалиёти муштарак гузарониданд. Дар натиља убури ѓайриќонунии сарњади давлатї аз љониби ќочоќчиёни афѓон ва кўшиши интиќоли маводи мухаддир ба Љумњурии Тољикистон пешгирї карда шуд. Тавре ки аз Маркази матбуотии Ќўшунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон ба рўзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, дар ваќти убури ѓайриќонунии марзи давлатї 4-5 нафар ќочоќбарони афѓон бо сарњадбонони тољик ва кормандони РВКД Љумњурии Тољикистон рў ба рў шуда, байни онњо задухўрди мусаллањона ба вуќўъ омад. “Ќочоќчиёни афѓон ба муќовимати хизматчиёни њарбї тоб оварда натавониста, дар натиљаи задухўрд як нафар ќочоќчї безарар гардонида шуд. Боќимонда ба тарафи Афѓонистон фирор намуданд”, - зикр намуд
Муњаммад Улуѓхољаев, сухангўи Ќўшунњои сарњадии КДАМ Љумњурии Тољикистон. Њамчунин, њангоми азназаргузаронии љойи њодиса таќрибан 32 кг маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир: Асалмо САФАРОВА
Фаромўз БОБОЕВ, “Хатлон”
панљшанбе, 25 январи соли 2018, №3 (3140)
бинї – пешгирии хунравї, чашмаи морон, хунукзадагон - аз газидани мор ва шамол задан, устухондард - аз касалихои устухон, табларза - аз табларза, шифо -шифобахш,фишори хун - аз фишори хун, сардард - аз дарди cap, песњо аз песшавї, мурод - аз њолати бади рўњї, бефарзанд - аз бенаслї, гурда - аз беморињои гурда, дилу љигар - аз беморињои дил ва љигар, девонањо - аз беморињои рўњї, чашму гўш - аз беморињои чашму гўш, хориш аз хориш, ки дар байни мардум шуњрати хоса дорад. Мавзеи мазкур дар минтаќаи Ќўрѓонтеппаи вилояти Хатлон ягона мавзеест, ки имконияти дар тамоми мавсими сол ќабули сайёњони дохилї ва хориљиро доро мебошад. Теъдоди сайёњони хориљї, ки аз љониби ширкатњои туристии шањри Душанбе ба ин мавзеъ дар давоми солњои 20102012 оварда шудаанд, зиёда аз 600 нафарро ташкил дода, сайёњони хориљие, ки худ мустаќилона ворид шудаанд, зиёда аз 2 њазор нафарро ташкил медињад. Чилучорчашма айни замон дар мувозинаи ширкати «Исмоили Сомонии асри 21» ќарор дошта, љињати таъмиру тармим ва нигоњдории ин мавзеи таърихї тадбирњои мушаххас андешидаанд. Фаромўз Бобоев, «Хатлон»
Тозагул Самадова фаъолияти кориашро баъд аз љанги шањрвандї оѓоз намудааст. Соли 1993, бо вуљуди камбудињои зиндагї, нооромию дасткўтањї Тозагул тавонист ба маљрои наву тозаи њаёти занони тољик ранг бахшад. Аз сабаби он, ки дар љанги шањрвандї ќисмате аз занњо бесарпаноњ монданд, апаи Тозагул дар оѓози кораш ба занону бонувоне, ки ба ў барои кумак мурољиат карданд, тавсия дод, ки аз сандуќњояшон гулдўзї, чодариву куртањои чакани солњои сол хобидаро берун оранду аз нав ба тарзи замонавї либосњои кўдакона ва рўпўши чойнику љузвдон ва ѓайра дўхта, ба бозор ва дењањо бурда фурўшанд. Аксарияти занону бонувон ба ин гуфтањо амал карданд ва он куртањои чакане, ки бо мурури замон кўтоњу танг шуда буданд, бо тарзи хос дўхта, ба бозор бароварданд ва рўзгори хешро пеш бурданд. Кори дигаре, ки Тозагул Самадова барои занон карданд, шавќи гулдўзиро дар ќалби онњо дубора бедор кардан буд, то ки онњо њушу ёдашон ба наќшу нигор банд шаваду ѓаму ѓуссаашонро каме њам бошад, фаромўш созанд. Аз њунари хеш занон соњиби маоши муайян гардиданд ва оњистаоњиста шумораи занони чакандўз аз 30 ба 120 нафар расид. Баъди маъруфият пайдо кардан ин занон ба намоишњои чакан даъват мешуданд. Соли 2004 Тозагул Самадова бо гурўњи занони њунарманд ташкилоти љамъиятии «Наљиба»-ро таъсис дод. Соли 2009 бо супориши Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои фаъолияти ташкилот љойи корї људо карда шуд. Акнун Тозагул Самадова курсњои омўзишии њунарњои дастї, аз ќабили чакандўзиро роњбарї мекунад. Ќайд кардан бамаврид аст, ки он њунарњои дастие, ки апаи Тозагул пешнињод намудаанд, соњиби љоизаву ифтихорномањои вилояту љумњурї ва хориљи кишвар гаштаанд. Дастовардњои мењнатии
Тозагул Самадова дар Эрон, Афѓонистон, Хитой, Дубай, Маскав, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ливан ва дар озмуни њунарњои дастї дар байни њафт давлати дунё дар Лањистон мањсули дастони Тозагул ва зердастонаш љойи аввалро гирифт. Соли 2016 аз љониби Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни «Грантњои раиси вилоят оид ба њунарњои дастї» гузаронида шуд. Дар ин озмун низ чаканњои Тозагул Самадова муваффаќият ба даст оварда, соњиби 8 њазор сомонї гранти раиси вилояти Хатлон гардид. Имрўзњо Тозагул Самадова аз он ифтихор дорад, ки занону бонувони зиёдеро соњиби њунар ва њаќмузд гардонид ва занон тавонистанд фарњанги миллати хешро дубора эњё созанд. Њамзамон, шукри замони осоишта ва рўзгори орому осударо намуда, дар фаъолияти њаррўзаашон таъкид месозад, ки дастгирии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон буд, ки занњои тољик дар тамоми самтњо, аз љумла рушди њунарњои дастї, ба муваффаќиятњо ноил гаштаанд. Ойимгул ЊАЛИМОВА, донишљўи соли якуми магистратураи факултети таърих ва њуќуќи ДДЌ ба номи Носири Хусрав
БЕМОРИЊОИ РОЊЊОИ НАФАС ВА ПЕШГИРИИ ОНЊО дигарон 6-10 маротиба зиёдтар ба беморињои саратони шуш дучор мешаванд. Истеъмоли тамоку дар шакли сигор њар сол њазорњо одамонро ба њалокат мерасонад. Њамин аст, ки табибон, арбобони љамъиятии бисёр мамлакатњо дар муборизаи зидди сигоркашї якљоя амал мекунанд. Яке аз беморињое, ки дар фаслњои сарди сол ављ мегирад, ин зуком мебошад. Зукомро вирусњо ба вуљуд меорад. Онњо заррачањои хурди микроскопї буда, њатто сохти хуљайравї надоранд. Вируси зуком хеле зуд пањн мешавад. Бинобар ин беморони зукомро ба кору тањсил дар корхонаю муассисањо ва донишкадањо роњ додан мумкин нест. Зукомро чун нотобии серўза пиндоштан нодуруст аст. Боди он
хатарнок мебошад. Роњњои аз одамони бемор ба дигарон интиќолёбии сироят хеле гуногун аст: Њангоми бевосита ба шахси бемор сару кор ва алоќа доштан дар ваќти нигоњубини бемор; сироят ёфтан ба воситаи њаво (њангоми гапзанї, атса задан ё сулфидани бемор). Беморони зуком њангоми муносибат бо одамон бояд дањону биниашонро бо бандинаи чорќабатаи докагї банданд. Бандина њаворо гузаронида, вале ќатрањои ангезандаи бемориро нигоњ медорад. Дар ваќти атса ва сулфа беморон бояд дањону биниашонро бо рўймолча пўшонанд ва чунин рафтор атрофиёнро аз сироят эмин нигоњ медорад. Бемории дигари роњњои нафас, ки мо дар бораи он ба шумо маълумот доданием, ин бемории сил мебошад. Сил бемории хавфноки дараљаи 11-юм буда, микробњои он гуногуншакл - кўтоњ ё дароз, борик ё ѓафс, рост ё хамхўрда, яклухт ё донадона мешаванд. Барангезандањои бемории сил ба омилњои физикї ва химиявї нисбатан зиёдтар тобовар мебошанд. Ин микробњо дар балѓами хушкшуда то якчанд њафта, дар либос ва ашёњои дигар, дар њолати нарасидани равшанї, то ду моњ зинда монда метавонанд. Нурњои парокандаи офтоб микробњои силро бо душворї, дар муддати 3-10 рўз нобуд мекунанд. Мањлулњои дизенфек-
№ Т/р
Номгўи амволи њабсгардида
Соли сохтмоншуда
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидої
1.
Манзили истиќоматї, якошёна, аз се њуљраи зист иборат мебошад.
Тахминан солњои 2015
Ноњияи Вахш, Љамоати шањраки Киров, кўчаи Стадион
85000 (њаштоду панљ њазор) сомонї
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад.Љойи баргузории музояда воќеъ дар ноњияи Вахш, Љамоати шањраки Вахш, кўчаи Ленин, утоќи кории иљрочиёни суд анљом дода мешавад. Музояда рўзи 5 феврали соли 2018 соати 11:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни суди ноњияи Вахш дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83246) 2-45-89,2-45-87, 2-42-22 ва 93-955-66-68 гирифта метавонед.
Маслињат Барангезандањои беморињои роњњои нафас дар њавое, ки мо онро њамарўза нафас мегирем, афзоишу инкишоф меёбанд. Инсон бо роњи нафасгирї чунин микробу вирусњои касалиоварро вориди организми худ мекунад. Њарчанд Пардаи луобии ковокии бинї ва умуман роњњои нафас хосияти муњофизаткунї доранду ќисме аз ин бактерияву вирусњоро нобуд месозад, ќисми дигарашон бошад дохили организм шуда, сабаби сар задани беморињо мегарданд. Сабаби дигари барангезандаи беморињо низ мављњост. Аз љумла паст будани муќовимати организм, хунукї, гарду чанг, набудани масуният ва ѓайра. Ба беморињои узвњои нафас зуком (грипп), гулўзиндонак (дифтерия), кабутак (коклюш), сурхча, газаки шуш (пневмония) илтињоби роњњои нафас (бронхеит), сил (туберкулёз) ва ѓайра дохил мешаванд. Њар яке аз ин беморињо аломатњои ба худ хос дошта, дар њолати табобату пешгирї накардан ба натиљањои њузнангез оварда мерасонад. Ёдовар мешавем, ки имрўз бар зидди ќариб тамоми беморињои роњњои нафас зардобњои шифої (ваксина) мављуданд ва барои пешгирии онњо эмкунии пешакї аз манфият холї нест. Инчунин дар мактабу хона ба ќоидањои гигиенаи њаво диќќати љиддї додан лозим аст, зуд-зуд шамол додани утоќњои дарсї, пешгирии пайдоиши чангу ѓубор, дар синфхонањо ва хонањои истиќоматї парвариш кардани растанињои сабз, инчунин чорањои дигар барои тозаю озода нигоњ доштани њаво лозиманд. Ба роњњои нафас махсус дуди тамоку таъсири нињоят манфї мерасонад. Дуди тамоку пардањои луобии ковокии дањону бинї, рагњои нафас ва чашмро озурда месозад. Ќариб њамаи онњое, ки тамоку мекашанд гирифтори газаки (варами) роњњои нафасанд. Газаки доимї ќобилияти муњофизатии пардањои луобиро паст мекунад. Ин боиси сар задани беморињо мегардад. Шуши одами тамокукаш ќобилияти устуворияшро гум карда, васеъ намешавад ва ин боиси танг шудани ѓунљоиши шуш мегардад. Яъне шуш оксигенро кам ќабул карда, онро кам ба организм медињад. Дар натиља ќобилияти кории одам паст мешавад. Аз њама муњимаш он аст, ки шахси тамокукаш эњтимолияти гирифтори касалии саратони шуш (рак)-ро дорад. Дуди сигор, ѓайр аз никотин боз ќариб 200 модда, аз љумла гази ѓубори ангишт, кислотаи хлорид, бензопирен, дуда ва ѓайра дорад, ки барои организм зарарноканд. Никотин на танњо барои сигоркашон зарарнок аст, инчунин одамони гирду атрофро низ зањролуд мекунад. Маълум аст, ки одамони сигоркаш нисбат ба
Диќќат: Музоядаи такрорї! Иљрочии суди ноњияи Вахш Нурзода Сирољиддин Сайвалї рўзи 5 феврали соли 2018 соати 11:00 музоядаи такрориро оид ба фурўши манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Вахш, ки тањти њабс ќарор дорад, эълон менамояд.
сиякунанда њам ба онњо таъсири зиёд надоранд. Масалан, мањлули 5% атсиди карболї танњо дар муддати 24соат ин микробњоро ба њалокат мерасонад. Микробњои сил ба нурњои ултрабунафш ва њарорати баланд камтар тобовард буда, њангоми љўшонидан дар зарфи 5-10 даќиќа мањв мешаванд. Ба бемории сил сироят ёфтани одамон бештар бо роњи аэрогенї, яъне дар натиљаи нафас гирифтани њавое, ки микробњои сил дорад, ба амал меояд. Одамон метавонанд дар натиљаи истеъмоли шир ва хўрокињои дигар њам ба бемории сил сироят ёбанд. Инчунин ба воситаи захм ва љойњои осебдидаи пўст ё пардањои луобї ба организм ворид шудани микробњои сил мумкин аст. Бемории сил метавонад дар тамоми узвњои инсон (ѓадудњо, пўсти бадан, гурдањо, устухон, буѓумњо, рўдањо пардаи маѓзи сар ва ѓайра) инкишоф ёбад. Вале бештар ба касалии сил шуш гирифтор мешавад. Сил бемории сироятї буда, хусусияти иљтимої дорад. Яъне дар пањн гардидани ин беморї шароитњои маишї, гуруснагї, зиддисанитарї, мењнати вазнин ва ѓайра наќши муњим мебозанд. Манбаи беморї дар навбати аввал шахсоне мебошанд, ки ба шакли кушодаи касалии сил мубталоанд. Агар шахси бемор дар хона парасторї карда шавад, бояд барои аз дигарон људо намудани он тамоми чорањоро андешид. Зарфњо, љойи (бистари) хоб, либосњои бемор бояд алоњида буда, дигарон аз онњо истифода набаранд. Балѓами шахси бемор дар зарфи махсуси сарпўшдор љамъ карда, зуд-зуд њавои њуљраеро, ки бемор хоб аст, тоза кардану шамол додан зарур мебошад. Барои пешгирии ин беморї эмгузаронї ањамияти калон дорад. Тиб дар бобати пешгирї ва табобати бемории сил ба муваффаќиятњои бузург ноил гаштааст. Барои пешгирї кардани беморињо хонањои истиќоматї, кўчањои шањр ва биноњои љамъиятиро тоза нигоњ доштан зарур аст. Тоза кардани њавои шањр, дењот, мањаллаю корхонањои саноатї, њавлии хонањои истиќоматї ба кабудизор намудани онњо вобаста аст. Риояи њамаи маслињатњои дар боло зикршуда сироятёбии њар як беморро коњиш медињад. Бале, яке аз роњњои пешгирї аз ин беморињо худи мо мебошем. Тавре ки бузургон гуфтаанд: «Табиби ман ба ѓайри ман касе нест!»
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.
Шарофат Шарипова, омўзгори Коллељи тиббии шањри Ќўрѓонтеппа
Диќќат: Музоядаи такрорї! Иљрочии суди ноњияи Вахш Саймуњиддинов И.М. рўзи 5 феврали соли 2018 соати 11:00 музоядаи такрориро оид ба фурўши манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Вахш, ки тањти њабс ќарор дорад, эълон менамояд. № Т/р
Номгўи амволи њабсгардида
1.
Манзили истиќоматии якошёна, иборат аз ду њуљраи зист, ошхона, њољатхона, њаммомхона ва долон иборат мебошад.
Соли сохтмоншуда
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидої
Тахминан солњои 2007
Ноњияи Вахш, Љамоати шањраки Киров, кўчаи Ленин №44
85000 (њаштоду панљ њазор) сомонї
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад.Љойи баргузории музояда воќеъ дар ноњияи Вахш, Љамоати шањраки Вахш, кўчаи Ленин, утоќи кории иљрочиёни суд анљом дода мешавад. Музояда рўзи 5 феврали соли 2018 соати 11:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни суди ноњияи Вахш дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83246) 2-45-89,2-45-87, 2-42-22 ва 93-500-34-00 гирифта метавонед.
Диќќат: Музоядаи такрорї!
Иљрочиёни суди иќтисодии вилояти Хатлон рўзи 26 феврали соли 2018 соати 10:00 музоядаи такрории №30 оид ба фурўши амволи зерини тањти њабс ќарордоштаро бо кам кардани 15% аз арзиши ибтидоии онњо эълон менамояд: № Т/р
1.
Номгўи амволи њабсгардида
Соли сохтмоншуда
Маѓозаи №5 иборат аз як ошёна ва ду њуљра, аз хишти хом сохташуда, масоњати умумиаш 169 мм., сатњи истиќоматї 133,99 мм. мебошад
Мансубият ва суроѓа Шањри Сарбанд, кўчаи Борбад
Нархи ибтидої
70745,50 (њафтод њазору њафтсаду чилупанљ сомонию панљоњ дирам)
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад.Љойи баргузории музояда: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Музояда рўзи 26 феврали соли 2018 соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Хатлон дар њаљми 5% фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњи (83222) 3-19-09 ва 92-979-19-92 гирифта метавонед. Диќќат: Музоядаи такрорї! Иљрочиёни суди иќтисодии вилояти Хатлон рўзи 26 феврали соли 2018 соати 10:00 музоядаи такрории №33 оид ба фурўши амволи зерини тањти њабс ќарордоштаро бо кам кардани 15% аз арзиши ибтидоии онњо эълон менамояд: № Т/р
Номгўи амволи њабсгардида
1.
Манзили истиќоматї (њавлї) иборат аз як ошёна ва якчанд њуљрањои истиќоматї ва ёрирасон. Масоњати умумї 244,36 мм., масоњати истиќоматї- 135,37 мм., масоњати ёрирасон-88,99 мм.
Соли сохтмоншуда
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидої
Ноњияи Ќубодиён, Љамоати дењоти ба номи Носири Хусрав, дењаи Ёбуз, хонаи б/р
671,500 (шашсаду њафтоду як њазору панљсад сомонї)
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад.Љойи баргузории музояда: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Музояда рўзи 26 феврали соли 2018 соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Хатлон дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои (83222) 3-19-09 ва 92-979-19-92 гирифта метавонед.
эътибор надорад Шањодатномаи гумшудаи №245641 дар бораи хатми синфи 10 (11), ки онро соли 1972 МТМУ №18-и ноњияи Бохтар ба Сафаров Туйчибек Љумабоевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №040096 дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 1992 МТМУ №18-и ноњияи Бохтар ба Ќуќаниева Шањло додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи БП №645655, ки онро соли 1979 МТМУ №6-и ноњияи Вахш ба Сайдалиева Робия додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ронандагии дараљаи «В» тањти №0132331, ки онро соли 2017 КН ТЉММ «Љайњун»-и ноњияи Љайњун ба Алимардонов Муњаммад додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №0414637, ки онро соли 2011 МТМУ №39-и ноњияи Бохтар ба Нодиров Расулљон Шодибоевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АБ №53649 дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 1998 МТМУ №40-и ноњияи Бохтар ба Азизов Рустам додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №0028553 дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2006 МТМУ №40-и ноњияи Бохтар ба Саидшарипова Њусния додааст, эътибор надорад. Барњам мехўрад Зуњро Њамроева, ки бо патенти №0280174 барои њуќуќи амалї гардонидани фаъолияти соњибкории инфиродї, РЯМ 2830085363, ки он 15. 01. 2015 дар Нозироти андози шањри Ќўрѓонтеппа аз ќайди бањисобгирї гузаронида шудааст, фаъолият мекард, соњибкориашро ќатъ менамояд.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдорон: Њангомаи Исмат, Њусейн МАЛИКОВ Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 24.01.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8000 нусха Нишонии мо: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Логинов 12. Телефони сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896