ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №9 (3194)
панљшанбе, 28 феврали соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Иштироки Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар маъракаи нињолшинонї дар ноњияи Данѓара
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН 1. Ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї тањти сарпарастии Президенти Љумњурии Тољикистон миёни ќишрњои мухталифи љомеа, аз љумла хонандагону донишљўёни њамаи зинањои тањсилот ва шањрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурўѓи субњи доної…» озмуни љумњуриявї баргузор карда шавад. 2. Низомномаи озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної…», њайати комиссия оид ба баргузории озмун ва љоизањои озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної…» тасдиќ карда шаванд (замимањои 1, 2 ва 3). 3. Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарњанг, Академияи илмњо, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо љавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, танзими анъана ва љашну маросим якљо бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњо иљрои талаботи амри мазкурро таъмин намоянд. 4. Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон аз њисоби маблаѓњои фонди захиравии Президенти Љумњурии Тољикистон, ки барои соли 2019 пешбинї гардидаанд, ба Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон љињати амалї намудани чорабинии мазкур 310000 (сесаду дањ њазор) сомонї ба таври наќд људо намояд. 5. Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон истифодаи маќсадноки маблаѓи људошударо таъмин намуда, оид ба харољоти анљомдодашуда ба Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон њисобот пешнињод намояд. 6. Назорати иљрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа гузошта шавад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ш. Душанбе, 9 феврали соли 2019, №АП-1165 Замимаи 1 бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 феврали соли 2019, № АП - 1165
НИЗОМНОМАИ озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...»
24 феврал Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ноњияи Данѓара дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани нињолњои мевадињанда ба маъракаи нињолшинонї ва оѓози корњои мавсими бањорї дар саросари мамлакат оѓоз бахшиданд.
Дар маъракаи имрўзаи нињолшинонї мутахассисони соњаи боѓдории вилояти Хатлон, ањли зањмати хољагињои боѓпарвари ноњия, дар маљмўъ њазор нафар иштирок карданд. Мавриди зикр аст, ки соли 2018 дар ноњияи Данѓара бо дастгирї ва њидояти бевоситаи Сарвари давлат дар майдони 100 гектар боѓи интенсивї бунёд карда шуд.
Ангораи «Наврўз-2019» 21 феврал Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои соли 2019 ангораи Љашни байналмилалии Наврўзро тасдиќ намуданд. Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллї ва пайки бањор - суманак, парасту, наќшу нигори гулдўзї њамчун рамзи њунарњои мардумї ва рангинкамон бо навиштаљоти «Наврўз - 2019» бо забони тољикї инъикос ёфтааст. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ахбори омма метавонанд аз ангораи Љашни байналмилалии «Наврўз – 2019» васеъ истифода намоянд.
Тасдиќи халтачањои Наврўзї аз љониби Пешвои миллат 21 феврал дар мувофиќа бо Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон намудњои халтачањои наврўзї тасдиќ гардиданд. Халтачањои наврўзї, ки барои туњфањо пешбинї шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун тањия карда шуда, дар онњо рамзу ангораи Наврўзи соли 2019 тасвир ёфтаанд. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ВМКБ, вилоятњои Хатлону Суѓд, шањри Душанбе, шањру ноњияњо метавонанд ба корхонањо ва ширкатњои хусусї љињати омода кардани халтачањо аз матоъњои гуногун, коѓазњои ранга, картон, халтачањои полиэтиленї ва дигар навъњои матоъ дастур дињанд, ки намудњои мухталифи халтачањоро дар арафаи љашни Наврўзи байналмилалї омода намоянд. Дар рўзњои Иди байналмилалии Наврўз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани туњфа аз он истифода кунанд. Туњфањо ба ятимон, беморон, барљомондагон, пиронсолон, кўдакону наврасон низ тавассути чунин халтачањои наврўзї таќдим карда шаванд. Истифодаи чунин халтачањои наврўзї дар њамаи шањру ноњияњо ба роњ монда шаванд.
Соли гузашта бо истифодаи самараноки замин ва рўёнидани њосили дилхоњ аз ноњияи Данѓара ба хориљи кишвар 1000 тонна мева содирот гардид. Имрўз бо иштироки Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боѓи нави интенсивї бунёд карда шуд. Сарвари давлат шахсан дарахти себ шинонида, мардуми љамъомадаро ба сањмгузорї дар таъсиси боѓ њидоят карданд. Дар маъракаи имрўза себњои навъи «Фуджи атсек» - 28 њазору 500 нињол, «Модї» - 16 њазору 200, «Љералдинї» - 16 њазор ва «Пингледї»-3 њазор, дар маљмўъ 63 њазор нињол шинонида шуд. Аз рўйи маълумоти мутахассисони соњаи боѓдорї аз навъи тагпайванди себи «Модї» - «ММ -106» њосилнокї аз 1 гектар 50 тоннаро ташкил медињад. Дар њамин љо Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба боѓдорони ноњия барои дуруст ба роњ мондани парвариши нињолњо ва истењсоли мевагињо маслињатњои муфид доданд. Нињоли дарахтони дар боѓи нав шинонидашудаи себ асосан аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия ворид карда шудаааст.
Хољагидорон аз тракторњои парки муосири хизматрасонии техникии ноњия ба таври самаранок истифода мебаранд. Дар маъракаи имрўза низ аз техникањои махсус, ки кори боѓдоронро дар кофтани чуќурињо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид. Баъди шинонидани дарахтони себ ва шиносої бо вазъи соњаи боѓдорї Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суњбат бо мардуми љамъомада дар бораи тадбирњои созандаи Њукумати љумњурї, омодагї ба истиќболи љашни бузурги миллї - 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, иљрои нишондињандањои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї, риояи ќонунњои амалкунанда, рушди соњањои боѓдорї, занбуриасалпарварї, истифодаи самараноки заминњои кишт, афзоиши содироти мева ба хориљи кишвар, гирифтани даромади хуби иќтисодї, рушди дењот, бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъсиси љойњои нави корї андешаронї карда, сокинонро ба вусъати корњои созандагию ободонї њидоят намуданд.
Дар мувофиќа бо Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон рамзи љашни байналмилалии Наврўз ва Соли нави миллї тасдиќ гардид.
ЉАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРЎЗ ВА СОЛИ НАВИ МИЛЛЇ БАРОИ СОЛИ 2019 ТАСДИЌ ШУД Он аз тарафи Иттифоќи рассомони Тољикистон дар асоси хулосањои донишмандони Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон омода шудааст. Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз њафт табаќ иборат мебошад. Њамаи табаќњо аз даврањо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Њар давра бо наќшу нигори миллї ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табаќњо гулдўзињои гуногун ва дар табаќи охирони суманак гули наврўзї чун нишонаи эњёи табиат гузошта шудааст. Дар асоси хулосањои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тољик ва дигар олимони њавзаи Наврўз аз миёни рамзњои наврўзї, ки аз гулњои бойчечак, сиёњгўш, лола, гули зард, шохи дарахти ѓунчадор ва парандаи асотирии симурѓ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврўзї њамчун рамзи истиќболи љашни Наврўзи байналмилалї, Соли нави миллї ва пайки омад - омади бањори файзбор дар љумњурї ќабул гардид. Минбаъд суманак ва гули наврўзї њамчун рамзи миллї барои љашнгирии Соли нави миллї ва Наврўзи байналмилалї истифода хоњад гашт. Донишмандон бар он аќидаанд, ки суманак дар њамаи минтаќањои Тољикистон маъмул буда, њамчун рамзи сарсабзї ва хуррамї дар арафаи Соли нави миллї ва љашни
Наврўз омода мешавад. Суманак, инчунин, ифодагари пайдо шудани заминдорї ва кишоварзї дар миёни ќабилањои ориёї буда, муносибату муњаббати дењќонро ба гандум, ки ризќу рўзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, љовидонагии табиату инсонро тасвир месозад. Баъди љањонї шудани иди Наврўз Созмони Миллали Муттањид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаљоти “Рўзи Наврўзи байналмилалї” њамчун рамзи наврўзї интихоб карда, дар шабакањои иљтимої пањн намудаанд. Ба вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба љойи арча дар назди идорањо, кўчаву хиёбонњо, иншооту хонањои истиќоматї њамчун рамзи љашни Наврўз ва таљлили Соли нави миллї аз 19 то 25 марти соли 2019 насб намоянд. Сохти (конструксияи) гузоштани суманак ва гули наврўзї дар хиёбону кўчањо низ омода гардида, манзури шумо мегардад. Дизайнерон дар њар шањру ноњия метавонанд барои назди њавлињо, муассисаю корхонањо шаклњои маќбултари конструксияњоро тарњрезї намоянд.
www.president.tj
www.president.tj
1. Муќаррароти умумї 1.Озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» тањти сарпарастии Президенти Љумњурии Тољикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон баргузор мешавад. 2. Озмун бо маќсади баланд бардоштани завќи китобхонї, таќвияти њофизаи фарњангї, дарёфти чењрањои нави суханвару сухандон, арљ гузоштан ба арзишњои миллию фарњангї, инкишофи ќобилияти эљодї, тањкими эњсоси худогоњию худшиносї, бой гардонидани захираи луѓавї, таќвияти љањони маънавї ва фаъолгардонии доираи забондонї миёни ќишрњои мухталифи љомеа, аз љумла, хонандагону донишљўёни њамаи зинањои тањсилот, инчунин магистрњо, аспирантњо, докторантњо ва шањрвандони кишвар доир мегардад. 2. Масъулони озмун 3. Масъули асосии озмун Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошад. 4. Мутасаддии баргузории озмун вазоратњои маориф ва
илм, фарњанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошанд. 5. Кумитањои кор бо љавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва љашну маросим, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон шарикони баргузории озмун њастанд. 6. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњои Хатлон, Суѓд, шањри Душанбе, шањру ноњияњои тобеи љумњурї љињати дар сатњи баланд ташкил ва баргузор кардани даврањои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул мебошанд. 7. Дар вилоятњо, шањрњо ва ноњияњо масъулияти баргузории озмун ба зиммаи раёсат, шуъба ва бахшњои маориф, маънавиёт ва фарњанги маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї вогузор карда мешавад. 8. Барои сафарбар кардан ба хондани китоб ва аз худ намудани порчањои назмию (Давомаш дар сањ. 2)
Артиши миллї дар таъмини амнияти давлат сањми бузург дорад Рўзи 23 феврали соли равон мардуми сарбаланди кишвар 26-умин солгарди таъсисёбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии азизамонро таљлил намуданд. Ба ин муносибат, дар толори театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар љамъомади тантанавї баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур масъулину намояндагони сохторњои ќудратї, ташкилоту муассисањо ширкат доштанд. Љамъомадро раиси вилоят Ќурбон Њакимзода оѓоз бахшида, доир ба хизматњои арзандаю содиќонаи сарбозону афсарони Ќуввањои Мусаллањи ватани азизамон сухан ронда, таъкид дошт, ки имрўз аз саодат ва нусрати истиќлолу озодї ва баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тољик ватандор шуд ва Парчами давлати тољик дар арсаи љањонї партавафшон аст. Роњбари вилоят зимни суханронї аз нахуст рўзи таърихи 23 феврали соли 1993 ёдовар шуда, оид ба таъсиси
Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ва љон дар каф нињода, сарбозону афсарон амнияти халќу ватани азизи худро дар он шароити вазнину душвор иљро менамуданд, наќл намуд. - Бо гузашти 26 сол аз рўзи таъсисёбї ќудрат, нуфуз ва санаи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ба куллї таѓйир ёфт, - афзуд раиси вилоят зимни суханронї. Дар љамъомад, њамчунин, аз хизматњои пуршараф ва ватандўстонаи љанговарони башардўсти тољик, ки бањри иљрои рисолату супоришњои низомї дар давлати њамсояи Афѓонистон ќањрамонињои
бемисл нишон дода ва ќисме ба њалокат расиданд буданд, шуљоати онњоро намунаи бењтарини ватандорї барои насли наврасу љавонони имрўза арзёбї намуданд. Њамзамон, дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани њисси худшиносиву худогоњии онњо сањмгузор буданро таъкид доштанд. Раиси вилоят дар фарљоми суханронии хеш таъкид дошт, ки њомиёни ватан хотири љамъи падару модарон, осудагии тифлакон ва эътимоди кулли мардуми Тољикистон мебошанд. Аскарону афсарон, кормандони Комиссариати вилоят, шањру ноњияњо бо ифтихорнома ва дигар мукофотњо сарфароз гардиданд. Њамчунин, ба оилањои сарбозони содиќи ватан, ки њангоми адои хизмат ба шањодат расида буданд, кумаки пулию молї супурда шуд. Пас аз љамъомади тантанавї барномаи консертии њунармандони вилоят, ки тараннумгари ѓояњои ватандорї, модар, њифзи марзу буми кишвар буданд, пешкаши њамагон гардонида шуд. ВАХШОНА, «Хатлон» Аксњои М. СОТИЕВ
2 (Идома аз сањ. 1)
насрї, инчунин тарѓиби васеи он сохторњои марбута ва васоити ахбори омма масъул мебошанд. 3. Комиссияи озмун 9. Масъули баргузории озмун комиссияи озмун мебошад, ки њайати он бо амри Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешавад. 10.Салоњияти комиссияи озмун: - ба танзим даровардани љадвали баргузории озмун; - назорати баргузории сариваќтии озмун; - тањияи талабот ва дигар тавсияњое, ки барои озмун зарур мешаванд; - тасдиќи тартиб, талабот ва тавзењот; - риояи талаботи озмун ва расонидани тавсияњо ба довталабони озмун; - баррасии пешнињодњои њайати њакамон ва арзу шикояти довталабон. 4. Тартиби баргузории озмун 11. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моњи январи соли 2019 то моњи декабри соли 2019 идома меёбад. Аз аввали моњи январ то 10 июни соли 2019 барои хондани асарњо ва аз ёд кардани шеъру достонњо (интихоби жанр, хондани асар ва миќдори аз худ кардани мисраъ ба ќобилияти иштирокчї вобаста аст) ваќт дода мешавад. Даври якуми озмун нимаи дуюми моњи июн дар маркази дењот ва шањрак љамъбаст мегардад. Даври дуюми озмун моњи июл дар маркази ноњия ва шањрњо (ба истиснои шањри Душанбе) баргузор мешавад. Аз охири моњи июл то охири моњи октябр ба маќсади хондани китоб ва аз ёд кардани ашъори адибон барои ѓолибоне, ки дар озмуни вилоятї ва шањри Душанбе иштирок менамоянд, ваќти иловагї дода мешавад. Шањру ноњияњои тобеи љумњурї низ аз ин ваќти иловагї истифода карда, ба љамъбасти даври чорум омодагї мегиранд. Озмуни даври чорум барои ин шањру ноњияњо моњи ноябр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» баргузор мегардад. Даври сеюми озмун дар маркази вилоятњо, шањри Душанбе нимаи дуюми моњи ноябр баргузор мешавад. Хулосаи њайати њакамон ба комиссияи озмун бо имзои раиси вилоят, шањр, ноњия ва раиси њакамон пешнињод мешавад. Даври чоруми озмун барои ѓолибон то 20 декабри соли 2019 дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» љамъбаст мешавад. 12. Љойи баргузории даврњо дар дењот, шањрак, маркази шањру ноњияњо, вилоятњо, шањри Душанбе аз љониби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї муайян карда мешавад. 13. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм, сеюм бар уњдаи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї (ноњиявї, шањрї, вилоятї) вогузор карда мешавад. 14. Љараёни баргузории даврњои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакањои телевизионии мањаллї ва љумњуриявї намоиш дода шуда, инчунин сабти овози иштирокчиён дар радиоњои мањаллї ва љумњуриявї пахш карда мешаванд. 15. Барои омода кардани љойи баргузории озмуни даври чорум муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» муваззаф шуда, дар маркази дењоту шањрак, шањру ноњияњо ва вилоятњо китобхонањои дењот, ноњия, шањр ва вилоят сафарбар карда мешаванд. 16. Муњлати пешнињоди њуљљатњои ѓолибони даври чоруми озмуни «Фурўѓи субњи доної...» дањаи якуми моњи декабр муќаррар карда мешавад. 17. Бењтарин иштирокчиёни даври якум, дуюм ва сеюми озмун аз љониби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї (вилоятњо, шањру ноњияњо) ба таври моддию маънавї њавасманд гардонида мешаванд. 18. Омўзгорон ва устодоне, ки шогирдони онњо дар даври чоруми озмун сазовори љойњои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон», «Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ва «Сипоснома»-и муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» сарфароз карда мешаванд. 5. Шартњои иштирок дар озмун 19. Дар озмун табаќањои мухталифи љомеа, аз љумла хонандагону донишљўёни њамаи зинањои тањсилот, инчунин магистрњо, аспирантњо, докторантњо ва шањрвандони кишвар иштирок менамоянд. 20. Шартњои озмун аз љониби комиссияи озмун назорат карда мешавад. 21. Барои аз худ кардан ва хондан ба низомнома рўйхати асарњо пешнињод карда мешаванд (замима мегардад). Дар ваќти бањогузорї ва холгузорї ба мањорати аз худ кардан ва хондани осор бартарї дода мешавад. Ба хонандагон ва донишљўён (бакалавру магистр), ки аз меъёри муайяншуда бештар асарњои бадеї аз худ мекунанд ва мехонанд, бартарї дода мешавад. Њар як довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, ба њайати комиссия ва њакамон мањорату малака ва ќобилияти аз худ кардан ва хондани ашъори адибонро пешнињод менамояд. Аз љумла: - ба довталаб барои аъзои фаъоли китобхона буданаш низ хол дода мешавад; - ба тарзи наќл ва оњанги ќироати иштирокчї хол дода мешавад; - ба мавзўъњои инсондўстї, хайру саховат, некию накукорї, ишќи поки инсонї, эњсонкорї, дўстию бародарї, Ватану
ХАТЛОН
панљшанбе, 28 феврали соли 2019, №9 (3194)
НИЗОМНОМАИ озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» ватандўстї, Тољикистон, сулњу субот бартарї дода мешавад; - довталаб дар аз худ кардан ва хондани осори адабиёти классикї, муосир, бачагона, шифоњї ва хориљї (тарљума ва ё асл) озод аст; - довталаб метавонад аз намунањои эљодиёти халќ: афсона, ќисса, рубої, достон, чистон, тезгўяк, латифа ва ѓайрањо истифода намояд; - як њафта пеш аз озмун довталаб рўйхати асарњои хондаашро бо гузоштани имзои худ, ба њайати њакамон пешнињод менамояд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо, шањру ноњияњо суроѓаи макони фаъолияти њакамон ва љойи баргузории озмунро ба довталабон тариќи воситањои ахбори омма ва масъулони озмун эълон менамоянд; - њайати њакамон аз рўи ин рўйхат довталабро ба озмун роњ медињанд ва аз мањорату истеъдоди ў натиљагирї карда, суратљаласа тартиб медињанд; - њайати њакамон холњоро муќаррар карда, бо овоздињии кушода ѓолибро муайян менамоянд; - натиљаи озмун дар суратљаласа дарљ гардида, бо имзои аъзои њакамон тасдиќ карда мешавад. 6. Талабот ба довталабони озмун 22. Мањорату истеъдоди довталабон аз рўйи хондани назм ва насри бадеї муайян карда мешавад: - барои довталабон хондани роман, повест, њикоя, новелла ва дигар жанрњои адабї иљозат дода мешавад; - хондани шеър аз жанрњои лирикї, аз љумлаи ѓазал, ќасида, рубої, дубайтї, порчањо аз достон ва дигар навъњои адабии манзум озод аст; - афсона, латифа, ќиссаю ривоят ва дигар намудњои осори шифоњии халќ иљозат дода мешавад; - аз худ кардан ва хондани осори адибони љањон низ тавсия шуда, дар озмун ба инобат гирифта мешавад. 7. Меъёри арзёбии ѓолибони озмун 23. Комиссияи озмун ва њайати њакамон аз рўйи меъёрњои зерин ба дараљаи мањорат ва истеъдоди довталабон бањо медињанд: - шарњи мухтасари асар; - маълумот оид ба ќањрамонони асосии асар; - баёни лањзањои љолиби асар; - озодбаёнї ва санъати суханварї; - њунари ровї ва наќќолї; - ќобилияти луѓатдонї ва тавзењи он; - дарки дурусти мазмун ва муњтавои асар; - таассуроти довталаб аз хондани осор. Бо маќсади бањогузорї намудан ба истеъдоди довталабон љадвали 10-хола муќаррар карда мешавад. Барои хондани бењтарин осори манзум бо шарњу тавзењи луѓатњояшон 10 хол, барои љавоби аз хуб болотар 8 хол, барои љавоби хуб то 6 хол, барои љавоби аз миёна бењтар 4 хол, барои љавоби миёна 3 хол, барои љавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои љавоби ѓайриќаноатбахш хол гузошта намешавад. Барои шарњи муфассалу баёни равшани осори насрї ва њунари баланди наќќолї, инчунин тавзењи луѓатњо аз асарњои мутолиашуда 10 хол, барои љавоби аз хуб болотар 8 хол, барои љавоби хуб то 6 хол, барои љавоби аз миёна бењтар 4 хол, барои љавоби миёна 3 хол, барои љавоби заиф 1 ё 2 хол ва барои љавоби ѓайриќаноатбахш хол гузошта намешавад. Ба њар як довталаб инчунин аз рўйи осори пешнињодшудаи банди 21 10 савол дода мешавад ва барои љавоби дуруст ба њар як савол як холї мегузоранд. Ба љавоби ѓайриќаноатбахш хол гузошта намешавад. 8. Њайати комиссия ва њакамони озмун 24. Миќдори њайати комиссияи озмун дар асоси банди 9 амалї мегардад. Њайати њакамон дар асоси банди 26 њамин Низомнома муайян карда мешавад. 25. Ба комиссияи озмун салоњият дода мешавад, ки рафти озмунро назорат намояд, тавсия ва тавзењот тањия ва тасдиќ кунад, назару пешнињодоти њайати њакамонро баррасї созад, ба номинатсияњо таѓйироти иловагї ворид гардонад ва ба арзу шикояти довталабон љавоб дињад. 26. Њайати њакамони озмуни шањраку дењот, ноњия, шањр ва вилоятњоро раисони шањр, ноњия ва вилоят бо санади дахлдор тасдиќ менамоянд. 27. Ба њайати њакамони вилоятї, шањрї, ноњиявї, дењоту шањрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшњои маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, омўзгороне, ки завќи баланди хондан ва аз ёд кардани осорро доранд, шоирону нависандагони мањаллї, олимону рўзноманигорон, роњбарони китобхонањо, аъзои љамъияти китобдўстон ва ташкилотњои љамъиятї шомил мешаванд. Миќдори аъзои њакамон бо раису муовинонаш бояд тоќ бошад. 28. Хулосаи њайати њакамон дар комиссияи љумњуриявии озмун баррасї ва тасдиќ мешавад. 29. Комисияи озмун натиљаи нињоиро љамъбаст карда, онро барои мувофиќа ва тасдиќ ба Президенти Љумњурии Тољикистон пешнињод менамояд. 9. Таъминоти молиявии озмун 30. Харољоти даври якум, дуюм, сеюм ва сафарбаркунии ѓолибон ба даври чоруми озмун аз њисоби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї (вилоятњо ва шањру
ноњияњо) амалї карда мешавад. 31. Харољоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун, ба истиснои љойи хоб, аз суратњисоби махсуси муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» амалї карда мешавад. 32. Ба ѓолибони даври чорум тибќи тартиби муќарраргардида аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон љоиза ва мукофоти пулї дода мешавад (замимаи 3). Тартиби пешнињод ба љоиза ва мукофоти пулиро барои даври чорум комиссияи озмун омода намуда, бо Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон мувофиќа менамояд ва ба Президенти Љумњурии Тољикистон барои тасдиќ пешнињод мекунад. Дар вилоятњо, шањру ноњияњо тартиби мукофот ва љоизаро раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо тасдиќ ва амалї менамоянд. 33. Барои њавасмандгардонии ѓолибони њамаи даврњои озмун тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љалби сарпарастон иљозат дода мешавад. 10. Тартиби иштирок дар даври нињоии озмун 34. Барои иштирок дар даври чоруми озмун маводи зерин ба комиссияи љумњуриявии озмун пешнињод мешавад: - маълумотнома дар бораи довталаб; - асарњои мутолиашуда; - миќдори ашъори азёдшуда; - мањорати суханронї ва суханварї, ровигї ва наќќолї; - ќобилияти эљодї; - суратљаласаи њайати њакамони вилоятї, шањрї ва ноњиявї. Суроѓа: шањри Душанбе, Китобхонаи миллии Тољикистон, кўчаи Тењрон, 5. E-mail: info@kmt.tj Замима ба Низомномаи озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» Рўйхати асарњои адибоне, ки барои аз худ кардан ва хондан тавсия дода мешавад а) Барои аз ёд хондани осори адибон: - ѓазал - на кам аз 100-то (ѓазалњои Абўабдулло Рўдакї, Саноии Ѓазнавї, Шайх Аттор, Љалолиддини Балхї, Саъдии Шерозї, Амир Хусрави Дењлавї, Фахриддини Ироќї, Носири Хисрав, Њофизи Шерозї, Камоли Хуљандї, Абдурањмони Љомї, Камолиддини Биної, Бадриддини Њилолї, Абдурањмони Мушфиќї, Абдулќодири Бедил, Соиби Табрезї, Сайидои Насафї, Абдулќодирхољаи Савдо, Шамсиддин Шоњин, Туѓрали Ањрорї, Њољї Њусайни Хатлонї, Садриддин Айнї, Абулќосим Лоњутї, Мирзо Турсунзода, Боќї Рањимзода, Ѓаффор Мирзо, Лоиќ Шералї, Бозор Собир, Ќутбї Киром, Гулназар Келдї, Гулрухсор Сафиева, Њабибулло Файзулло, Ѓоиб Сафарзода, Низом Ќосим, Њаќназар Ѓоиб, Муњаммад Ѓоиб, Фарзона ва дигарон); - рубої ва дубайтї - на кам аз 120-то (рубої ва дубайтињои Абўабдулло Рўдакї, Абуалї Сино, Љалолиддини Балхї, Бобо Тоњири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоља Абдуллоњи Ансорї, Умари Хайём, Аттори Нишопурї, Саъдии Шерозї, Њофизи Шерозї, Камоли Хуљандї, Абдурањмони Љомї, Абдулќодири Бедил, Соиби Табрезї, Садриддин Айнї, Абулќосими Лоњутї, Мирзо Турсунзода, Аминљон Шукўњї, Ѓаффор Мирзо, Муъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Бозор Собир, Гулназар Келдї, Њабибулло Файзулло, Њаќназар Ѓоиб, Ѓоиб Сафарзода, Аскар Њаким, Низом Ќосим, Камол Насрулло, Фарзона, Озар ва дигарон); - ќасида - на кам аз 100 мисраъ (ќасидањои Абўабдулло Рўдакї, Кисоии Марвазї, Абулќосим Унсурї, Абулњасан Фаррухии Сиистонї, Абунаљм Манучењрии Домѓонї, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хисрав, Њаким Саноии Ѓазнавї, Камолиддин Исмоили Исфањонї, Саъдии Шерозї, Абдурањмони Љомї, Абдулќодири Бедил, Туѓрали Ањрорї, Шамсиддин Шоњин, Садриддин Айнї ва дигарон); - порча аз достон - на кам аз 300 мисраъ (150 байт) (аз достонњои Абўабдулло Рўдакї, Абумансури Даќиќї, Абулќосим Фирдавсї, Саноии Ѓазнавї, Низомии Ганљавї ва Амир Хусрави Дењлавї, Њољуи Кирмонї, Абдурањмони Љомї, Абдулќодири Бедил, Камолиддини Биної, Фитрати Зардўзи Самарќандї, Љунайдуллоњи Њозиќ, Мирзо Содиќи Муншї, Шамсиддин Шоњин, Садриддин Айнї, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ѓаффор Мирзо, Муъмин Ќаноат, Њадиса Ќурбонова ва дигарон); - дигар навъњои шеърї – 200 мисраъ (100 байт) аз шоирони классикї, муосир ва хориљї. б) Асарњои назмї ва насрии адибони классикї ва муосири тољик барои хондан: Адабиёти ќадим: «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Дарахти Ассурик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмењр», «Андарзи доноён ва маздоясно», «Андарзи Хусрави Ковадон», «Андарзи Пурйуткешон», «Бундањишн», «Динкард». Достонњои «Калила ва Димна», «Симбоднома», ќасидањои «Шикоят аз пирї», «Модари май»-и Абўабдулло Рўдакї, «Таърихи Наршахї»-и Абубакри Наршахї, «Муќаддимаи «Шоњнома»-и Абумансурї, «Пирўзнома» -и Абуалї Сино, «Таърихи Табарї»-и Балъамї, «Таърихи Байњаќї»-и Абулфазли Байњаќї, «Шоњнома»-и Абулќосим Фирдавсї, ѓазал, ќитъа,
рубоињо ва достони «Маснавии маънавї» -и Љалолиддини Балхї, «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Ќобуснома»- и Унсурмаолии Кайковус, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Сиёсатнома» – и Низомулмулк, «Вомиќу Узро»-и Фаррухии Сиистонї, девони ашъори Бобокўњї (Абдулло Алї), рубоиёту дубайтањои Бобо Тоњири Урён, маснавии «Њадиќат-ул-њаќоиќ»-и Саноии Ѓазнавї, «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома», «Мантиќ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор, маснавињои «Рўшноинома», «Саодатнома», «Сафарнома»-и Носири Хисрав – достони «Вис ва Ромин» -и Фахриддин Асъади Гургонї, достони «Гаршоспнома»-и Асадии Тусї, «Хамса» - («Махзан-уласрор», «Хусраву Ширин», «Лайлї ва Маљнун», «Њафт пайкар», «Искандарнома») –и Низомии Ганљавї, «Доробнома»-и Абутоњири Тарсусї, «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоњ, достонњои «Хамса» –и Амир Хусрави Дењлавї, “Бўстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозї, ѓазалиёти Њасани Дењлавї, ќасидањо, маснавињои «Сад панд», «Дилкушо», «Мушу гурба»-и Убайди Зоконї, ѓазалњо, ќитъањо ва рубоињои Камоли Хуљандї, девони ѓазалиёт, достону маснавињои «Њафт авранг», «Бањористон»- и Абдурањмони Љомї, ѓазалу рубої, достонњои «Сифот-ул-ошиќин», «Лайлї ва Маљнун»-и Бадриддини Њилолї, «Анвори Суњайлї», «Ахлоќи Муњсинї», «Рисолаи Њотамия» ва «Футувватномаи султонї»-и Њусайн Воизи Кошифї, «Латоиф –ут- тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафї, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархољаи Тирмизї, достони «Гулзори Ирам»-и Абдурањмони Мушфиќї, ќасида, бадења, чистон, ёддоштњои «Бадоеъ-улваќоеъ»-и Восифї, ѓазал, мухаммас, рубої, «Шањрошўб» ва «Бањориёт»–и Сайидои Насафї, ѓазалњои Зебуннисо, «Наводир-улваќоеъ», «Рисолаи таърихї» - и Ањмади Дониш, «Тўњфаи дўстон», «Лайлї ва Маљнун», «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва ѓазалњои Шамсиддин Шоњин, ѓазалиёти Туѓрали Ањрорї, ѓазалиёти Њољї Њусайни Хатлонї. Намунањои насри ривоятї: «Чањор дарвеш», «Њазору як шаб», «Тутинома», “Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абумуслимнома». Њикоя, новелла, повест, драма, ёддошт, роман, достон, ѓазалиёту рубоёт, ќасида ва дигар ашъору осори Абдурауфи Фитрат, Мирзо Сирољи Њаким, Абдулвоњиди Мунзим, Садриддин Айнї, Абулќосим Лоњутї, Пайрав Сулаймонї, Њаким Карим, Мирзо Турсунзода, Љалол Икромї, Рањим Љалил, Боќї Рањимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Дењотї, Њабиб Юсуфї, Сотим Улуѓзода, Фазлиддин Муњаммадиев, Урун Кўњзод, Убайд Раљаб, Сорбон, Бозор Собир, Лоиќ Шералї, Кароматулло Мирзоев, Мењмон Бахтї, Њаќназар Ѓоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдї, Саттор Турсун, Абдулњамид Самад, Њабибулло Файзулло, Бароталї Абдурањмон, Бањманёр, Сайф Рањим, Ѓаффор Мирзо, Мўъмин Ќаноат, Ќутбї Киром, Убайд Раљаб, Ѓоиб Сафарзода, Шоњмузаффар Ёдгорї, Камол Насрулло, Низом Ќосим, Муњаммад Ѓоиб, Фарзона ва дигарон. в) Намунањои ашъори бачагона ва афсона Мирсаид Миршакар, Гулчењра Сулаймонова, Аминљон Шукўњї, Абдумалик Бањорї, Нўъмон Розиќ, Убайд Раљаб, Акобир Шарифї, Мављуда Њакимова, Алї Бобољон, Нозирљон Боњирї, Љўра Њошимї, Латофат Кенља, Юсуфљон Ањмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонањои халќи тољик, чистону латифањо ва ѓайрањо. г) Намунањои осори адибони љањон Љек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Ийњан Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Владимир Маяковский, Максим Горкий, Абдулло Ќодирї, Ѓафур Ѓулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ѓамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурѓун, Нодир Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Муњаммад Иќбол, Љуброн Халили Љуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Муртазо Мушфиќ Козимї, Фурўѓи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Ањмади Шомлу, Халилуллоњи Халилї, Нусрати Рањмонї, Бориќ Шафеї, Восифи Бохтарї, Саид Нафисї, Мо Ян (Гуан Мое). Мутолеа ва шарњи асарњои насрии адибони муосири тољик ва хориљї: Њикояву новелла – 50-то, роман – 20-то, повест – 30-то, ёддоштњо – 15-то, афсонаву ќиссањои насрї -20-то, асарњои насри ривоятї – 10-то, дигар асарњои халќї – 10-то (ба ин миќдор осори адибони љањонї низ ворид мешаванд). Замимаи 2 бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 феврали соли 2019, № АП - 1165 Њайати комиссияи озмуни «Фурўѓи субњи доної...» 1. Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа - раиси комиссия. 2. Вазири маориф ва илм – муовини раиси комиссия. 3. Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон - муовини раиси комис-
сия. 4. Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тољикистон» - муовини раиси комиссия. 5. Муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон - котиби комиссия. Аъзои комиссия: 6. Раиси Кумитаи кор бо љавонон ва варзиш; 7. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила; 8. Муовини вазири фарњанг; 9. Раиси Иттифоќи нависандагон; 10. Сармуњаррири маљаллаи «Садои Шарќ»; 11. Сармуњаррири нашриёти «Адиб»; 12. Ректори Донишгоњи миллии Тољикистон; 13. Директори институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоњ Рўдакии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон; 14. Равшани Махсумзод – мудири шуъбаи насри Иттифоќи нависандагони Тољикистон; 15. Муњаммад Ѓоиб – Шоири халќии Тољикистон; 16. Абдулњамид Самадї – Нависандаи халќии Тољикистон; 17. Љумъа Ќудус – сармуњаррири маљаллаи «Помир»; 18. Русакова М.В. – мудири кафедраи адабиёти љањонии Донишгоњи славянии Тољикистон ва Россия; 19. Муртазо Зайниддинзода - мудири кафедраи адабиёти навини тољикї – форсии Донишгоњи миллии Тољикистон; 20. Раънои Мубориз – муовини сармуњаррири «Адабиёт ва санъат»; 21. Восиева Рухшона – мудири кафедраи адабиёти Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода. Замимаи 3 бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП - 1165 Љоизањои озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» Озмун аз рўйи номинатсияњои зерин гузаронида мешавад: - номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тољик; - номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тољик; - номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятњои халќи тољик; - номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти љањон Љоизањои зерин барои ѓолибони озмун муќаррар шудааст: 1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тољик: 1.Љойи якум - 30000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 2.Љойи дуюм - 25000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 3. Љойи сеюм - 20000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тољик: 4. Љойи якум - 30000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 5. Љойи дуюм -20000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 6. Љойи сеюм -15000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятњои халќи тољик: 7. Љойи якум -25000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 8. Љойи дуюм - 17000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 9. Љойи сеюм - 13000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти љањон: 10. Љойи якум - 30000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 11. Љойи дуюм -20000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 12. Љойи сеюм - 15000 сомонї ба унвони барандаи љоиза; 5. ШОЊЉОИЗА Шоњљоизаи озмун - 50000 сомонї. Шоњљоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз миќдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва њифз намудааст. Шарњ: Довталабоне, ки аз њар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, њакамон метавонанд иловатан ба њунару истеъдоди онњо холгузорї намоянд. Он бояд њатман дар суратљаласа (миќдор ва теъдоди онњо) ќайд гардад ва имзои раис ва аъзои њакамон дар он гузошта шавад. Барои довталаб мањдудият мондан шарт нест. Њакамон дар мувофиќа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандњои алоњидаи номинатсия пешнињод манзур намоянд. Комиссия пешнињодњои њайати њакамонро баррасї карда, дар асоси овоздињии кушода онњоро дастгирї ва ё рад менамояд. Эзоњ: Маблаѓи умумї барои мукофот: 310 њазор сомонї (сесаду дањ њазор сомонї). Мукофотњо бо пули миллии сомонї тибќи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бо назар доштани пардохти андозњо пешбинї шудаанд. Тамоми иштирокчиёни даври нињої бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонда мешаванд. www.president.tj
ЊХДТ-Њизби пешбарандаи љомеа ГУЗОРИШ АЗ МАЉЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИЉРОИЯИ ЊХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Дар толори Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маљлиси васеи Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори маљлис аъзои Кумитаи иљроияи вилоятии Њизби Халќии Демократии Тољикистон Њакимзода Ќурбон, раиси вилояти Хатлон, Зоир Њабибзода, мудири шуъбаи умумии дастгоњи Кумитаи Иљроияи Марказии Њизби Халќии Демократии Тољикистон, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Рањмонзода Абдулло Ќурбоналї, раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон, раисони шањру навоњии вилоят, роњбарони ташкилотњои вилоятї ва дигар шахсони расмї иштирок намуданд. Ба баррасии рўзномаи маљлис масъалањо вобаста ба натиљагирї аз фаъолияти Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2018 ва вазифањои минбаъдаи сохторњои њизбї, тасдиќи наќшаи чорабинињо, ки аз дастуру супоришњои Пешвои миллат, Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Маљлиси Кумитаи иљроияи марказии ЊХДТ бармеоянд ва ворид намудани таѓйирот
ба њайати Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон ва Раёсати он мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Нахуст, Рањмонзода Абдулло Ќурбоналї, раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон, фаъолияти сохторњои њизбии вилоятро дар давоми соли гузашта мавриди тањлилу баррасї ќарор дод ва вазифањои минбаъдаро дар асоси дастуру супоришњои Пешвои миллат, Раиси ЊХДТ муњтарам Эмомалї Рањмон дар маљлиси КИМ ЊХДТ баён намуд. Дар идома Давлат Ѓаффорзода, раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Њамадонї ва Каримљон
Файзиев, раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Панљ ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иљроияро дар давраи њисоботї ќаноатбахш њисобиданд. Дар рафти баррасии масъалаи мазкур мудири шуъбаи умумии дастгоњи Кумитаи Иљроияи Марказии ЊХДТ Зоир Њабибзода ва раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода баромад карда, ба фаъолияти њизбиёни вилояти Хатлон бањои баланд доданд ва љињати пешрафти кори минбаъдаи сохторњои њизбии вилоят як ќатор таклифу пешнињодњо баён намуданд. Дар ин замина, Наќшаи
чорабинињои Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон дар робита ба иљрои дастуру супоришњои Пешвои миллат, Раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар маљлиси Кумитаи иљроияи Марказии Њизби Халќии Демократии Тољикистон мавриди баррасї ќарор гирифт ва тасдиќ гардид. Вобаста ба масъалаи дигари рўзномаи маљлис ба њайати Кумитаи иљроияи вилоятї таѓйиру иловањо ворид гардид. Ќурбон Њакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Рањмон Исломиддин, раиси ноњияи Данѓара ба узвияти Раёсати маљлиси Кумитаи иљроияи
НИЗОМНОМАИ
озмунњои вилоятии «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» 1. Муќаррароти умумї 1. Солњои соњибистиќлолї дар љумњурї заминањои њуќуќии рушди соњаи тандурустї бунёд гардида, ќонуну ќарорњо ва як ќатор њуљљатњои меъёрии соња бо назардошти талаботи замони нав ва таљрибаи љањонї љавобгў тањия ва ќабул гардиданд, ки барои рушди соњаи тандурустї мусоидат ва барои инкишофи босуръати он замина муњайё намудаанд. 2. Масъалаи ташхис ва табобати беморон, пешгирии беморињои сироятию ѓайрисироятї, ворид намудани таљњизоти муосири тиббї, њавасмандкунии моддию маънавии роњбарони муассисањои тандурустї, табибон ва кормандони миёнаи соњаи тиб, дар ин замина баланд бардоштани сатњи хизматрасонии тиббї дар мењвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дода шудаанд. 3. Гузаронидани озмунњо барои дарёфти «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» (минбаъд озмунњо) дар рушди соњаи тандурустї мусоидат мекунад. 2. Маќсади озмунњо 4. Озмунњо бо маќсади баланд бардоштани маќоми муассисањои тандурустї, табибон ва кормандони миёнаи тиббї дар љомеа ва рушди муассисањои соња, њавасмандкунии моддию маънавии роњбарони муассисањои соњаи тандурустии вилоят, табибон ва кормандони миёнаи тиббие, ки дар баланд бардоштани сатњи хизматрасонии тиббї ба дастовардњои баландтарин ноил гардидаанд, љорї карда мешавад. 3. Кумитаи тадорукот 5. Бо маќсади дар сатњи баланд гузаронидани озмунњо Кумитаи тадорукот таъсис дода шавад. Он аз раис, муовини раис, котиб ва аъзо иборат аст. Кумитаи тадорукот масъулияти ташкилу гузаронидан ва љамъбасти озмунњоро ба зимма дорад. 6. Кумитаи тадорукоти озмунњо бо ќарори раиси вилояти Хатлон тасдиќ карда мешавад. 4. Вазифањои Кумитаи тадорукоти озмунњо 7. Кумитаи тадорукот: - пешнињодњои маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру
ноњияњоро оид ба иштироки муассиса, табиб, корманди миёнаи тиббї ва бењтарин дастовардњои соњаи тиб дар вилоятро дар љаласањои Кумитаи тадорукот баррасї менамояд: - муассисањо, табибон, кормандони миёнаи тиббї ва бењтарин дастовардњои тибби хусусї, барои иштирок дар озмунњои «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» аз тарафи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилоят пешнињод карда мешаванд; - интихобан фаъолияти муассисањои тиббї, табибон ва њамширањои тиббии ба озмун пешнињодшударо мавриди тањлилу омўзиш ќарор медињад; - барои арзёбї ва бањодињии воќеї ва фаъолияти довталабони пешнињодшуда коршиносони мустаќилро љалб менамояд; - дар муњлатњои муќарраршуда њуљљатњои пешнињодшударо баррасї менамояд; - љаласаи озмунро гузаронида, ба раиси вилоят протоколи љаласаро барои тасдиќ пешнињод менамояд. 5. Теъдод ва њаљми мукофотњо 8. Дар њар як озмун як ѓолиб муайян шуда, ѓолибон бо туњфањои пулию молї сарфароз гардонида шуда, ба онњо шањодатномањои «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» дода мешавад. Њаљми мукофотпулї 5000 (панљ њазор) сомонї барои њар як озмун муќаррар шудааст. 6. Шартњои озмунњо 9. Барои озмуни «Бењтарин муассисаи тиббии сол»: - таъминнокї бо кадрњои ихтисосманди тиббї; - воридоти таљњизоти муосири тиббї; - љорї будани усули нави табобат; - симои зоњирии бино, таъмиру тармими сариваќтї ва ба талаботњои санитарию гигиенї љавобгўй будан; - таъмин будани муассиса бо сомона; - мављудияти гулу гулбуттањо дар дохил ва њавлии бино; - риояи тартиботи љорї дар муассиса; - омодагї ба таљлили љашни 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон; - таъминоти катњо (дар сохторњои
госпиталї); - ќабули дармонгоњии беморон ва солимгардонии беморони диспансерї ва маъюбон (дар сохтори КАТС ва сохторњои госпиталї); - иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббї дар Љумњурии Тољикистон дар муассисањои давлатї”; - иљроиши барномањои миллию соњавї; - насби шиору овеза ва риояи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон” дар муассиса ва њуљљатгузорї; - риояи дастурамали коргузорї дар њуљљатгузории муассиса; - ба роњ мондани истифодаи либосњои ягонаи кормандони муассиса; - фавти дохили беморхонагї (дар сохторњои госпиталї); - баќайдгирии сариваќтии таваллуду фавт (дар муассисањои КАТС); - њамкории муассиса бо дигар муассисањои тиббї дар самти истифодаи дастовардњои тиббии муосир. 10. Барои озмуни «Бењтарин табиб»: - дорои дараљаи тахассусии олии касбии на кам аз 10 сол собиќаи корї дар муассисањои соњаи тандурустї; - баланд будани дараљаи дониши касбї; - гузаштан аз курсњои такмили ихтисос; - малакаи кор бо технологияи муосири компютерї; - намунавї будани фаъолият њамчун табиб, аз љумла надоштани муљозоти интизомї дар давраи фаъолияти мењнатї; - дар амал татбиќ намудани барномањои миллии соњавї, талаботи фармоиш ва ќарорњои мушовараи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Раёсати тандурустии вилоят; - воридсозии риояи талаботњои протоколњои клиникии тиббї дар амалия; - бењтар ба роњ мондани сатњи хизматрасонии тиббї; - муоширати хуб доштан бо беморон ва коллективи мењнатї; - тарбияи мутахассисони љавон. 11. Барои озмуни «Бењтарин корманди миёнаи тиббї»: - дорои дараљаи тахассуси миёнаи касбии дорои на кам аз 10 сол собиќаи корї дар муассисањои соњаи тандурустї; - баланд будани дараљаи дониши касбї; - гузаштан аз курсњои такмили ихтисос; - намунавї будани натиљаи кори номзад њамчун корманди миёнаи тиббї; - истифодаи сарулибоси ягонаи тиббї
Саноатикунонии босуръати кишвар - њадафи чоруми миллї «Истењсолоти саноатї пешбарандаи иќтисоди миллї, таъминкунандаи шуѓли ањолї, сарчашмаи даромади буљети давлатї ва дар маљмўъ, омили муњимтарини њалли масъалањои иљтимої мебошад». (Аз Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон)
БАКОРАНДОЗИИ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕЊСОЛИ БОМПЎШЊОИ АСБЕСТЇ Дар ноњияи Ёвон корхонаи нави истењсоли бомпўшњои асбестї бунёд ва мавриди истифодабарї ќарор гирифт. Ин иќдом аз љониби ЉДММ «Муќим 1» дар асоси дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон вобаста њадафи чоруми миллї эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар амалї гардид.
Иќтидори истењсолии корхонаи мазкур 500 њазор дона шифер буда, таљњизоти технологии корхона истењсоли Љумњурии Халќии Хитой мебошад. Корхона моњи январи соли 2019 ба фаъолият оѓоз намуда, аллакай 40 њазор дона шифер ба маблаѓи 1,1 миллион сомонї истењсол намудааст. Шумораи коргарон 20 нафарро ташкил медињад. Ќобили зикр аст, ки мањсулоти истењсолгардида ивазкунандаи во-
ридот ва ба содирот нигаронидашудааст.
АЗМИ БУНЁДИ КОРХОНАИ НАВИ СЕМЕНТ ДАР НОЊИЯИ Љ. БАЛХЇ Аз љониби ЉДММ «Моњир семент» сохтмони корхонаи истењсоли семент аз клинкер ва бастубанди он дар ноњияи Љалолиддини Балхии вилояти Хатлон идома дорад. Маќсади асосии бунёди ин корхона содироти семент таваассути роњи оњан ба Љумњурии Исломии Афѓонистон ва Љумњурии Ўзбекистон мебошад. Ашёи нимтайёр аз заводи сементбарории «Чжунгтсай Моњир семент»-и ноњияи Ёвон тавассути роњи оњан то ноњияи Љалолиддини Балхї интиќол дода ме-
3
ХАТЛОН
панљшанбе, 28 феврали соли 2019, №9 (3194)
шавад. Арзиши умумии корхона 300 миллион сомонї буда, иќтидори солонаи истењсолии он 600 њазор тонна семент мебошад. Дар сурати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур барои 100 нафар љойњои нави корї фароњам хоњад шуд. Ба истифода додани корхона дар нимсолаи якуми соли 2019 пешбинї гардидааст. Носирљон Маъмурзода, «Хатлон»
ЊХДТ дар вилояти Хатлон ќабул карда шуданд. Ба аъзои фаъоли њизб Љаббори Ѓаффор, раиси ноњияи Кўшониён, Тоњир Амиршозода, раиси ноњияи Муъминобод ва Фотењ Аминзода, раиси ноњияи Љайњун барои мусоидат дар тањкими базаи моддиву техникии сохторњои њизбии ноњияњои номбурда Сипосномаи муовини якуми Раиси ЊХДТ Фаттоњзода Саидмурод Самад таќдим гардид. Дар охир, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Шањритўс наќлиёти хизматї таќдим намуд, ки аз њисоби маблаѓњои њизбї харидорї шудааст. Вобаста ба ин, ќайд гардид, ки то охири соли 2019 базаи моддиву техникии њизб ба маротиб такмил ёфта, дар ин муддат сохторњои ЊХДТ дар њамаи шањру навоњии вилоят пурра ба автомашинаи хизматї ва биноњои маъмурї таъмин мегарданд. Дар ин њошия китобњои тањиянамудаи сохтори вилоятии ЊХДТ тањти унвони “Наќши Эмомалї Рањмон дар татбиќи ѓояњои миллї” (дар мисоли бунёди НБО-и “Роѓун”), “Тољикистон сарзамини сайёњї ва макони њунарњои мардумї” ва Хатлон (Роњнамо барои сайёњон бо забонњои тољикї ва англисї) рўнамої шуда, нусхањои китобњои мазкур ба иштирокчиёни маљлис таќдим гардиданд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
ва меъёрњои талаботи дастурамалњои коргузорї дар соња; - бењтар ба роњ мондани сатњи хизматрасонии тиббї; - надоштани муљозоти интизомї дар давраи фаъолияти корї; - муоширати хуб доштан бо беморон ва коллективи мењнатї. 12. Барои озмуни «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят»: - табибони дорои дараљаи тахассусии олии касбии дорои на кам аз 5 сол собиќаи корї дар муассисањои соњаи тандурустии вилоят; - ихтирои маводи доруворие, ки табиб ба он њуќуќи муаллифї дорад; - амалї намудани усулњои нави табобат, ки дар њудуди вилоят бори аввал амалї мешаванд, аз он љумла љарроњињои муосир; - дастовардњои табиб, ки аз рўйи он муаллиф соњиби патенти ихтироот ва сертификати байналмилалї шудааст. 7. Тартиби гузаронидани озмунњо 13. Озмунњо барои дарёфти «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» дар ду давр гузаронида мешавад. Даври аввал, то моњи сентябр дар шањру ноњияњо ва даври дуюм, моњи декабр дар сатњи вилоят баргузор мегарданд. 14. Баъди ќабули ќарори интихоби «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» протоколи озмун барои тасдиќ ба раиси вилоят пешнињод карда мешавад. 15. Кумитаи тадорукоти озмун то 1 декабр «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят»-ро тибќи Низомномаи мазкур муайян мекунад. 8. Тартиби бањодињии озмунњо 13. Муайян намудани «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» тариќи овоздињии ошкоро гузаронида мешавад. 9. Муќаррароти хотимавї 14. Мукофотњо ба ѓолибони озмунњои «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» аз тарафи раиси вилоят супорида мешаванд. 15. Такроран пешнињод намудани муассиса, табибон ва њамширањои тиббие, ки дар озмунњо мукофотонида шудаанд, баъди панљ сол мумкин аст. 16. Таѓйироту иловањо ба Низомномаи мазкур аз тарафи раиси вилоят ворид карда мешавад.
Азнавсозии боѓњои фарњангї - фароѓатї Бо дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон боѓњои фарњангї - фароѓатии шањри Кўлоб низ бахшида ба 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон азнавсозї карда мешавад. Ба ин хотир зерсохторњои Кумитаи меъморї ва сохтмонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон лоињањоро омода карданд. Дар боѓи марказии фарњангї-фароѓатї корњои азнавсозї оѓоз гардиданд. Давоми солњои охир дар боѓи фарњангї-фароѓатї як ќатор иншоот сохта шуда буданд, ки ба талабот љавобгў нестанд. Аз рўйи лоињаи нав ин иншоот пурра бартараф карда шуда, он љавобгў ба меъёрњои имрўза азнавсозї мегардад. Сармеъмори шањри Кўлоб Алишер Бобољонов мегўяд: «Аллакай наќшаи боѓњо омода гардидааст ва тибќи он дар шањр чор боѓи фарњангї - фароѓатї азнавсозї карда мешавад. Ин корњо ба
уњдаи корхонаю ташкилот, аз љумла боѓи фарњангї - фароѓатї аз љониби КВД «Ширкати алюминийи Тољик», боѓи 15 - солагии Истиќлолияти давлатї аз тарафи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдулло Рўдакї ва гулгаштњои ба номи Саидљон Назаров ва Сафар Амиршоев аз тарафи Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомотњои иљроияи њокимиятњои давлатии вилояти Хатлон ва шањри Кўлоб вогузор гардидааст, њамчунин рафти корњоро комиссияи маќомот назорат мебарад. Мавриди зикр аст, ки то љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Кўлоб сохтмону азнавсозии беш аз 800 иншоот ба наќша гирифта шудаанд, ки иншоотњои болозикр аз љумлаи онњост. Ширинљон Сафарзода
7 рЎзи ХАТЛОН ТАЪСИСИ ЉОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТ - «ВОРИСИ СИНО» Бо маќсади њавасмандгардонї ва баланд бардоштани маќоми табиб дар вилоят Љоизаи раиси вилояти Хатлон - «Вориси Сино» дар соњаи тандурустї таъсис дода шуд. Тибќи ќарори раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, ки 15 феврал ба имзо расидааст, љоизаи муќарраршуда њар сол дар «Рўзи кормандони соњаи тиб» ба 6 ѓолиб (ба њар яке дар њаљми 5 њазор сомонї) таќдим карда мешавад. Дар асоси ќарори дигари раиси вилоят аз 15 феврали соли 2019, №45 минбаъд озмунњои вилоятии «Бењтарин муассисаи тиббии сол», «Бењтарин табиби сол», «Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят» доир мегардад, ки њар
яки он 5 њазор сомонї мукофот дошта, бо маќсади рушди соњаи тандурустии вилоят, њифзи саломатї ва бењтар намудани сатњу сифати хизматрасонии тиббї ба ањолї, фароњам овардани шароити мусоид барои табобати беморон гузаронида мешавад. Њамин тавр, раиси вилояти Хатлон Ќ. Њакимзода дастур додааст, ки ба олимони соњаи тиб дар вилоят барои њимояи рисолаи номзадї 5 њазор сомонї ва барои дифои рисолаи докторї 10 њазор сомонї мукофот дода шавад.
РОЊАНДОЗИИ ДУ ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁЊЇ Аз љониби ширкати сайёњии ЉДММ «Мархур» љињати муаррифии имкониятњои сайёњї, аз љумла табиати зебо, гиёњњои шифобахш, набототу њайвоноти нодир, афзун гардонидани шумули маконњои сайёњї ва пешнињоди хизматрасонии муносиб ба сайёњони дохилию хориљї дар ноњияи Шамсиддини Шоњин ду хатсайри нави сайёњии «фото ва фито-сафарї» роњандозї карда шуд. Хатсайри якум аз шањри Душанбе тавассути шањри Норак, ноњияњои Данѓара, Восеъ, шањри Кўлоб ва Душанберо дар бар мегирад. Саёњати мазкур 9 рўз буда, барои моњњои май – сентябр пешбинї гардидааст. Хатсайри дуюм аз шањри Душанбе оѓоз гардида, шањри Норак, мамнўъгоњи «Хуталон», осорхонаи таърихї дар ноњияи Данѓара, Ќалъаи Њулбук, Оромгоњи Мир Сайид Алии Њамадонї, ноњияи Шамсиддини Шоњин, ноњияи Дарвоз, Боѓи ботаникї, осоишгоњи «Гармчашма», ќалъаи Ќањќања ва Ямчунро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки масоњати заминњои мамнўъгоњи «Хуталон» 6 њазор гектарро ташкил дода, бо дастуру њидоятњои Сарвари давлат дар ин љо парандагону чорвои нодир, аз ќабили оњуи холдор, уреал-гўсфанди кўњии бухорої, муфлон ва аз парандагон асосан тазарв парвариш меёбанд. Ноњияи Шамсиддини Шоњин барои рушди сайёњии экологї, кўњнавардї ва хусусан сайёњии шикор имкониятњои зиёд дошта, ёдгорињои таърихї, чашмањои шифобахш, кўњњои баланд, манзарањои зебои табиї, њайвоноти нодир, бахусус бузи пармашохи «мархур», ки ба «Китоби сурх»-и Тољикистон ворид шудааст ва мамнўъгоњи «Дашти Љум» диќќати сайёњони дохилї ва хориљиро бештар ба худ љалб менамояд.
«СОЛИМИИ МОДАРУ КЎДАК ДАР ДЕЊОТ» Аз 1 то 4 марти соли равон бо њадафи баланд бардоштани маърифати тиббии ањолї ва бартарафсозии мушкилоти таваллуд «Корвони саломатї» тањти шиори «Солимии модару кўдак дар дењот» амалї карда мешавад. Ин нукта дар љаласаи њайати мушовараи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї зикр гардид. Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатњи муоширати табибон бо беморон, бењтар намудани сатњи расонидани кумаки аввалини тиббию санитарї дар љумњурї масъалаи њалталаб боќї мемонад. Дар самти расонидани кумаки
аввалини тиббию санитарї, аз љумла бањисобгирии маъюбон ва додани вараќањои корношоямї низ камбудињое роњ ёфтаанд, ки фавран ислоњ мехоњанд. Инчунин зимни љаласа иљрои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солњои 2017-2020» баррасї гардид.
11 КОРМАНД БА ЉОЙИ КОР БАРЌАРОР ШУДАНД Ба нозирони њуќуќи иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон дар соли 2018 зиёда аз 250 нафар шањрвандон мурољиат намуда, бо мусоидати иттифоќњои касаба 11 нафаре, ки ѓайриќонунї аз кор озод шудаанд, ба љойњои кори ќаблиашон барќарор гардидаанд. Дар ин бора Абдурозиќ Ризоев, раиси Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят, иттилоъ дод ва афзуд, ки барои њимояи њуќуќњои мењнатї, иќтисодї ва иљтимоии кормандон бояд дар тамоми ташкилоту корхонањо, новобаста аз шакли моликият, шартномаи коллективї ва мењнатї баста шавад. «Аз тарафи нозирони мењнат тайи як сол дар 401 ташкилот, муассиса ва хољагии дењќонии вилоят њолати њифзи мењнат ва риояи ќоидањои техникаи бехатарї бозрасї гардида, ба 304 роњбари корхонаю ташкилот оид ба рафъи ќонуншиканињо дар ин самт амрнома супорида шудаанд», - афзуд А. Ризоев.
ТАТБИЌИ 11 ЛОИЊАИ САРМОЯГУЗОРЇ ДАР КЎЛОБ Дар шањру дењоти Кўлоб 11 лоињаи инвеститсионии мутамарказ дар соњањои маориф, коммуналї ва кишоварзї татбиќ шуда истодаанд ва соли 2018-ум 9,4 миллион доллари амрикої аз худ карда шудааст. Тибќи яке аз ин лоињањо умури соњилмустањкамкунї дар сойи Тебалай ба анљом расида, аз љониби Бонки рушди Осиё барои таъмини оби нўшокии дењањои Дањана, Кўл, С.Амиршоев, Зиракї, Хоља
Исњоќ корњои сохтмонию хобонидани ќубурњои обгузар ба итмом расида истода, дар рўзњои наздик иншооти обрасонї мавриди бањрабардорї ќарор хоњанд гирифт.
МАЊВИ ЌАРИБ 3 ТОННА МОЛЊОИ ТИББИЮ ОРОИШЇ Ќариб се њазор килограмм маводњои доруворї, молњои тиббї ва маводњои ороишию гигиении муњлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиќат ва ба талаботњои меъёрї љавобгўнабуда нобуд карда шуд. Тавре ки аз маркази матбуотии Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон, ба рўзномаи «Хатлон» хабар доданд, аз моњи январ то 21 феврали соли љорї 2 њазору 850 кг ё 179 номгўй маводњои доруворї, молњои тиббї ва маводњои ороишию гигиении муњлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиќат ва ба талабот љавобгўнабуда аз муомилот гирифта шуд. Маблаѓи умумии ин маводњо 134 њазору 650 сомониро ташкил медињад. Соли 2018 6,8 тонна чунин маводи доруворию гигиенї мањв карда шуда буд.
МУБОРИЗАИ «АРАЛ» ВА «ЊУЛБУК» БАРОИ ЉОМИ ФФТ Дар марњилаи нињоии Љоми ФФТ (Федератсиони футболи Тољикистон)-2019, ки аз 24-уми феврал то 5-уми март дар Варзишгоњи марказии шањри Њисор баргузор мешавад, њашт даста ширкат меварзад. Бар асоси ќуръакашии марњилаи нињоии Љоми ФФТ2019, дастањо ба ду гурўњ таќсим шуданд. Ба гурўњи «А» дастањои «Арал» (н. Абдурањмони Љомї), «Душанбе-83» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «РегарТадАЗ» (Турсунзода), ба гурўњи «Б» тимњои «Њулбук» (Восеъ), «Гу-
листон» (Гулистон), «Истиќлол» (Душанбе) ва «Кўктош» (Рўдакї) дохиланд. Аз рўйи натоиљи марњилаи гурўњї ба нимфинал аз њар гурўњ дудастаї роњ пайдо мекунанд. Бозии нињоии Љоми ФФТ рўзи сешанбеи 5-уми март баргузор мешавад.
А. НАБОТОВ - БЕЊТАРИН МУРАББИИ СОЛИ 2018
Мураббии намуди гўштини дзюдо Абдулло Наботов аз ноњияи Кўшониён «Бењтарин мураббии соли 2018 дар вилояти Хатлон» эълон гардид.
Тавре ки аз бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњияи Кўшониён ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, Абдулло Наботов солњои зиёд аст, ки наврасону љавононро аз рўйи намуди дзюдо дар ноњия тарбия намуда истодааст. Шогирди ин мураббї Сулаймони Љамшед соли 2018 дар 4 мусобиќаи сатњи байналмилалї сазовори љойњои аввал гардида, ба «Олимпиадаи наврасон-2018», ки дар шањри Буэнос-айреси Аргентина баргузор гардид, роњ ёфт. Сулаймони Љамшед нахустин варзишгари љавон аз вилояти Хатлон аст, ки дар «Олимпиадаи наврасон-2018» иштирок намуда, сазовори медали биринљї гардид.
4
ХАТЛОН
И о њ т с а ш и н Аз тбуотї ма Дастовардњо дар њамаи соњањо назаррасанд Дар соли 2018 њаљми мањсулоти кишоварзї дар њамаи бахшњои хољагидории ноњияи Ёвон 890 миллион сомониро дар бар гирифт. Кишоварзони ноњия дар майдони 25159 га зироат кишт намуданд, ки ин баробари 102 фоизи наќша мебошад. Дењќонон бо маќсади рўёнидани зиёда аз 2 њосил аз заминњои корами обї дар майдони беш аз 6 њазор гектар кишти такрории зироатњоро гузарониданд. Бањри дар амал татбиќ намудани Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2015 “Дар бораи тасдиќи рушди соњаи боѓу токпарварии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” кишоварзони ноњия дар мавзеъњои заминњои лалмї, ки намнокиашон ба сабзиши нињолњо мусоидат менамояд, бунёди боѓу токзорњоро ба роњ монда, дар давоми панљ соли оянда дар майдони 60 гектар замин бунёди боѓу токзори навро ба наќша гирифтанд. Соли сипаригардида кишоварзони ноњия 9 га боѓи нав бунёд намуда, 8 га боѓњои куњнаро аз нав барќарор карданд, - таъкид дошт раиси ноњияи Ёвон Амирбеки Темур зимни нишасти матбуотї ба рўзноманигорон. Хољагињои ноњия соли сипаригардида бо дастгирии соњибкорон 2850 тонна мањсулоти кишоварзиро ба хориљи кишвар содирот намуданд. Њамчунин, дар давраи њисоботї аз 196 гармхона 384 тонна мањсулоти барваќтї вориди бозорњо гардид. Айни замон, дар гармхонањои мазкур беш аз 35 нафар шањрвандони ноњия тибќи шартномањои тарафайн кору фаъолият доранд. Тавре ки ба њамагон равшан аст, ноњияи Ёвон ноњияи саноатї ба шумор меравад. Соли 2018 њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба беш аз 1 миллиард сомонї расид. Мањсулоти истењсолшуда дар озмунњои сатњи љумњуриявї соњиби љоизањо гардида, њамчун бењтарин мањсулоти саноатї муаррифї гардид. Рўзи 6 сентябри соли љорї бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар базаи корхонаи сементбарории “Чунгтсай моњир семент” коргоњи истењсоли ќубурњои оњану бетонї бо иќтидори 70 метр ќубурњои гуногунњаљм дар як шабонарўз мавриди истифода ќарор ёфт, ироа
гардид дар нишасти матбуотии раиси ноњияи Ёвон. Коргоњи дигари тозабунёд корхонаи ордбарории ЉДММ “Нури сайёд” мебошад, ки дорои иќтидори коркарди 2,3 њазор тонна гандумро дар як сол доро мебошад, мавриди истифода ќарор гирифт. Њамчунин, дар ноњияи Ёвон коргоњи консервабарорї, ќаннодї ва нонвойхонаи ЉДММ “Ёсин”-и Ёвон ба фаъолият оѓоз намуд. Дар давраи њисоботї дар ноњияи Ёвон дањњо корхонањои саноатї бунёд гардиданд, ки беш аз 136 нафар сокинон соњиби љойи корї шуданд. Корхонањои саноатии ноњия дар давраи њисоботї ба миќдори беш аз 2 миллион тонна семент, 20 тонна намаки ошї, 300 тонна оњаки сохтмонї, 4 миллион дона хишти сементї, беш аз 1 миллион дона гаљкардон, беш 1 њазор тонна риштаи бофандагї, 4 миллиону 580 њазору 600 љуфт љўроб, 2557 тонна орд ва ѓайра истењсол намуданд. Тавре ки зимни нишаст ќайд шуд, соли 2018 дар ноњия 41 корхонаву коргоњњои саноатї фаъолият намуда, ба маблаѓи 1 миллиарду 346 миллион сомонї мањсулот истењсол намудаанд, ки нисбати соли 2017-ум 23,4 миллион сомонї зиёд аст. Дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, ба истиснои иншооти то инљониб ба истифодадодашуда, дар ноњия бунёди 341 иншооти дигар ба наќша гирифта шудааст, ки дар аксарияти иншоотњо корњои сохтмонї оѓоз гардидааст. Њамин тавр, раиси ноњияи Ёвон Амирбеки Темур ба суолњои рўзноманигорон посух дода, бобати дастовардњои варзишгарони ноњия низ таъкид намуд, ки онњо 105 медал, аз љумла 26 медали тилло ба даст овардаанд.
панљшанбе, 28 феврали соли 2019, №9 (3194)
Дар шањри Бохтар ќисми даромади андозњо бо назардошти андози иљтимої 102 фоиз иљро ва ба буља 159,6 миллион сомонї ворид гардид, ки нисбати њамин давраи соли сипаригардида 19,3 миллион сомонї зиёд мебошад. Раиси шањри Бохтар Абдуалим Исмоилзода зимни нишасти матбуотї таъкид дошт, ки дар шањр тариќи равзанаи ягона 5548 адад субъектњои соњибкории фаъолияткунанда ба ќайд гирифта шудаанд. Дар давраи њисоботї бошад, дар нозироти андози шањр 75 нафар соњибкорони инфиродї бо шањодатномаи фаъолияткунанда, бо таъсиси 119 љойи корї ва бо патент 167 нафар ба ќайд гирифта шудааст.
БОХТАР БА ЉАШНИ ИСТИЌЛОЛИЯТ ОМОДАГЇ МЕБИНАД Дар шањр 56 адад ташкилотњои бонкї, филиалњои ташкилоти ќарзии хурд ва марказњои хизматрасонии бонкї ва ѓайридавлатї фаъолият намуда, барои рушди соњибкорї 144,9 миллион сомонї ќарзњо пешнињод намудаанд. Аз љумла ба соњаи кишоварзї 21,7 миллион сомонї, ба соњаи савдо 58,1 миллион сомонї ба риштаи саноат, сохтмону наќлиёт 65,1 миллион сомонї ироа гардидааст. Гардиши чаканаи мол дар ин давра маблаѓи 1 миллиарду 456, 6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли пешин 364,4 миллион сомонї зиёд аст. Дар соњаи сохтмон ва меъморї низ дар маркази вилоят љамъи маблаѓгузории асосї аз њисоби маблаѓњои њамаи сармоягузорон 77,6 миллион сомониро ташкил дод. Маблаѓгузории мутамарказ бошад, 34,3 миллион сомонї сармояи хориљї, 5,8 миллион сомонї ва соњибкорон 21,9 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин баробар
ба маблаѓи 90,6 миллион сомонї фондњои асосї ба кор андохта шуд. Њаљми мањсулоти умумии кишоварзї 52,2 миллион сомониро ташкил дод. Тавре ки равшан гардид, тибќи наќша-чорабинињо то љашни 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Бохтар бунёду таъмири беш аз 300 иншоот дар назар аст. Ба њолати 1 январи соли 2019-ум 19 иншоот мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд.
СОЊИБКОРОН РОЊЊОРО ТАЪМИРУ МУМФАРШ МЕКУНАНД
Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Кўшониён бањри дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон як ќатор корњоро ба анљом расониданд. Тибќи наќшаи чорабинињои тасдиќгардида дар ноњия то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сохтмони 156 адад биною иншоотњо ба наќша гирифта шудааст. Айни замон 31 адад иншоот сохта, мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Љињати вусъат бахшидан ба корњои ободониву кабудизоркунї, созандагиву бунёдкорї ва њолати бењдошти мањалњои ањолинишин дар ноњия беш аз 34 њазор бех дарахтон шинонида шуданд, ки аз ин 23 њазору 950 бех нињолони сояафкан, 5600 бех ороишї ва боќимонда дарахтони њамешасабз мебошад. Зањматкашони ноњия соли 2018ро бо нишондињандањои арзанда љамъбаст намуданд. Ќисми даромади буљети давлатї 103 фоиз таъмин гардида, ба буља 36 миллиону 994 њазору 968 сомонї ворид гардид. Дар соли сипаригардида дар ноњия 2901 љойњои нави корї таъсис дода
шудааст. Тавре ки раиси ноњия Љаббори Ѓаффор зимни нишасти матбуотї таъкид дошт, њаљми умумии истењсоли мањсулот ба маблаѓи 1 миллиарду 198 миллиону 927 њазор сомонї расонида шуд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 75 миллиону 531 њазор сомонї зиёд аст. Мањсулоти содиротї аз њисоби кишоварзони ноњия бошад, 3217 тоннаро ташкил дод. Кишоварзони ноњия барои њосили соли 2019 дар майдони 1234 гектар ѓалладона, 589,3 гектар сабзавот, аз он љумла пиёз, карам, сабзї ва дигар намуди сабзавот кишт намуданд. Њамчунин дар майдони 441 гектар картошка ва 96,3 гектар зироатњои хўроки чорво кишт намуданд. Дар ноњия аз майдони 4,8 гектар гармхонањо 180 тонна мањсулот, аз ќабили помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот истењсол намуданд. Аз майдони 18 гектар 183,1 тонна лимў истењсол карданд. Тавре ки зимни нишаст зикр гардид, барои нигоњдории роњњои автомобилгарди ноњия, ки 231,9 километрро дар бар мегирад, аз љониби Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон 310 њазор сомонї људо гардидааст. Дар маљмўъ дар соли сипаригардида дар роњњои ањамияти байналмилаливу љумњуриявидошта 093 километр таъмири асосї ва дар 145, 7 километр таъмири љорї гузаронида шудааст. Дар ин давра бо дастгирии соњибкорони мањаллї 3,45 километр роњ таъмири асосї ва 3 километр таъмири љорї ва 1 километр сангфарш гардидааст, ки дар умум маблаѓи он 915 њазор сомониро ташкил медињад.
Бунёди 159 иншооти љашнї дар назар аст Раиси ноњияи Љалолиддини Балхї Убайдуллои Файзулло дар нишасти матбуотї иттилоъ дод, ки наќшаи даромади буљет беш аз 100 фисад таъмин гардид. Дар ин давра аз дањ намуди андоз як намуди он иљро нагардидааст. Аз љониби соњибкорони ноњия 7 миллиону 222 ,8 њазор сомонї ба буљет ворид гардид. Дар ноњия 9 лоињаи давлатии сармоягузорї амалї шуда истодааст, ки маблаѓи истифодашуда 11,6 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад. Барномаи рушди иљтимоиву иќтисодии ноњияи Љалолиддини Балхї барои солњои 2016-2020-ум 113 лоињаро ба маблаѓи 266,5 миллион сомонї дар бар гирифта, ба њолати 1 январи соли 2019-ум 33 лоиња ба маблаѓи 161 милли-
ону 396 њазор сомонї иљро гардидааст. Дар соли 2018 дар њудуди ноњия 27 корхонаи саноатї фаъолият намуда, њаљми мањсулотро ба зиёда аз 113 миллион сомонї расониданд. Љињати таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњия бунёди 159 иншооти љашнї дар назар аст. Сохтмончиёни ноњия соли сипаригардида, ба маблаѓи зиёда аз 143 миллион сомонї корњои сохтмониву васлкуниро анљом додаанд. Њаљми корњои иљрошудаи пудратї бошад, зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил дод. Сармояи
асосї аз њисоби њамаи сарчашмањои сармоягузорї ба андозаи беш аз 155 миллион сомонї иљро гардидааст. Дар самти нигоњдории роњњо дар ноњия давоми соли сипаригардида аз буљаи мањаллї 120 њазор сомонї људо гардида, барои мумфарш намудани болопўши пулњо ва барои кашидани хатњои уфуќиву амудї барои болопўши роњњои автомобилгарди ноњия харљ гардидааст. Дар ин баробар муассисаи давлатии нигоњдории роњњои автомобилгарди ноњия, ба маблаѓи 222331 сомонї, ки аз њисоби буљети мутамаркази љумњурї ворид шудааст, корњои таъмиру нигоњдории роњњоро ба анљом расониданд. Њаљми умумии мањсулоти кишоварзї дар бахши љамъиятї ва хољагињои дењќонї ба беш аз 717 миллион сомонї расонида шуд. А. САФАРОВА, «Хатлон»
Мањкум мекунем! Ваќтњои охир аъзо ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии Њизби нањзати исломї, ки фаъолияти он дар Љумњурии Тољикистон мамнўъ мебошад, бо истифода аз шабакањои иљтимої љавонони тољикро ба њамоишу тазоњуроти бемаънї даъват менамоянд. Вале, љавонони имрўза бо донишу аќлу идрок ва љањонбинии васеи худ ба ин фиребу найрангњои нањзатиёни гумроњ њељ гоњ дода намешаванд. Зеро онњо хуб медонанд, ки ин бадхоњони миллати тољик солњои аввали навадуми асри гузашта чї рўзњои бадеро бар сари мардум овардаанд. Ин хоинони миллат ва хизматгорони хољагони хориљї, ки аввал бо истифода аз номи поки дини Ислом мехостанд њадафњои зишту нопоки худро аз нав бунёд созанд, чун ба маќсади бади худ нарасиданд, акнун мехоњанд бо бањонаи демократия ва њуќуќи инсон фаъолияти тахрибкоронаашонро идома
ЉАВОНОНИ САОДАТМАНД ВА НАЊЗАТИЊОИ ШАРМАНДА дињанд. Аммо, мо-љавонони даврони соњибистиќлоли ватан, ки дар фазои сулњу оромї кору зиндагї дорем, намегузорем, ин нохалафон ѓаразњои сиёњи худро амалї намоянд. Имрўз на танњо ба мардуми Тољикистон, балки ба љомеаи љањонї маълум гардид, ки барои ин тоифаи гандумнамои љавфурўш на арзишњои динї ва на арзишњои демократї ќимате доранд. Роњбари ин ташкилоти экстремистї Муњиддин Кабирї ва њаммаслакони ў бо ташкил кардани гирдињамоињо мехоњанд ба хољагони худ нишон дињанд, ки онњо фаъолият карда истодаанд. Дар асл бошад, онњо дар киштии шикастае нишастаанд, ки
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
оќибати он ѓарќ шудан аст. Дар урфият чунин мегўянд: «Офтобро бо доман пўшида намешавад». Имрўз амалњои љинояткоронаи ташкилоти террористию экстремистии Њизби нањзати исломї барои њамагон чун офтоб рўшан аст ва барои шарњу тавзењи он њољате нест. Танњо моро зарур аст, ки арзишњои миллиро аз дигар манфиатњо боло гузошта, бо зиракии сиёсї ва кору амали шоистаи худ дар пешрафту тараќќиёти ватани азизамон сањми арзандаи худро гузорем. Дар ин бора Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон хеле хуб зикр намудаанд: «Љавонон бояд
аз њама ќишрњои љомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусњои созанда пешнињод намоянд, рамзњои давлатї, муќаддасоти миллї ва дастовардњои истиќлолиятро њифз кунанд, дар њаёти сиёсиву иљтимоии Тољикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро њимоя карда, худро аз њама хавфу хатарњои номатлуби љањони муосир эмин нигоњ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муќаддасамон бошанд». Боварии комил дорем, ки љавонони мо ин гуфтањои Пешвои муаззами худро сармашќи кору пайкори худ ќарор дода, бањри саодатмандї ва хушбахтии миллати худ камари њиммат мебанданд ва душманону хоинони миллату ватанро бо ташаббусњои созандаи худ шармандаву шармсор мегардонанд. Ибодуллоњи ОДИНА, узви ИЖТ
Дар партави Паём
моро ба масъулияти бештар њидоят менамояд Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њамчун роњнамо ба фардои боз њам дурахшон дар назди њамаи табаќањои љомеа, аз љумла мо кормандони соњаи њифзи муњити зист вазифањои нав гузошт. Пешвои муаззами миллат дар баробари таваљљуњ ба масъалањои соњањои гуногуни мамлакат таъкид намуданд, ки ба масъалаи њифзи муњити зист, олами набототу њайвонот, вазъи экологї, такмил додани ќонунгузории соња ва баланд бардоштани маърифати экологии ањолї муносибати љиддї зоњир карда шавад, чунки њифзи муњити зист дар айни замон яке аз роњњои љалби сайёњон ба кишвари мо мебошад. Дастуру супоришњои дар соњаи њифзи муњити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии ањолї, ки яке аз пояњои асосии рушди устувор эътироф гардидааст, мо - кормандони соњаи њифзи муњити зисти вилояти Хатлонро вазифадор менамояд, ки дар корњои ободонию созандагї, бењдошти муњити зист, тозаю озода нигоњ доштани роњу кўча ва мањалњои ањолинишин, аз ифлосињо эмин доштани манбањои обї, самараноку оќилона истифодабарии сарватњои табиї, инчунин
фаъолияти нозирии худро дар доираи Низомнома ва ваколатњои худ пурзўр намоем. Дар партави иљроиши Паём моро зарур аст, ки барои татбиќи “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии ањолии Љумњурии Тољикистон дар давраи то соли 2020” тадбирњои заруриро андешида, ба ташаккули донишњои экологї, таѓйир додани муносибати наврасону љавонон ба табиат ва баланд бардоштани фарњанги маърифати экологии ањолии вилоят корњои тарѓиботию фањмондадињиро роњандозї намуда, фаъолияти комиссияњои байниидоравии давлатї оид ба тарбия ва маърифати экологии шањру ноњияњоро, ки ба амалї гаштани барнома мусоидат менамояд, љоннок намоем. Бо маќсади таъмини супоришу вазифањои дар Паём гузошташуда, ба масъалањои марбут ба њифзи муњити зист, олами њайвоноту наботот, њудудњои махсусмуњофизатшаванда, ёдгорињои таърихї, љойњои муќаддас, ки дар миќёси вилоят хеле зиёданд, кормандони њифзи муњити зисти вилоят вобаста ба самтњои вобасташуда наќшаи корї тањия намуда, иљрои онро тањти назорати доимї гирифтаанд. Дар ин раванд гурўњи корї таъсис дода, онњо дар шањру ноњияњои вилоят корњои
тарѓиботию фањмондадињї бурда истодаанд. Мо-кормандони соњаи њифзи муњити зисти вилоят дар иљрои вазифањои гузошташудаи Сарвари давлат, амалї гардидани сиёсати давлатии экологї, пешрафти соња, хурраму зебо гардидани диёри азизамон бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар корњои ободониву созандагї, бењдошти муњити зист, ки аз он саломатии одамон вобастааст, тадбирњои судмандро амалї намуда истодаем. Рухсора Саидова, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва сиёсати экологии Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Хатлон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭЊЁГАРИ НБО «РОЃУН» Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоњи барќи обии «Роѓун»-ро дар соли 2018 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ибтидои гардиши куллї дар таърихи Тољикистони соњибистиќлол ва як ќадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба њадафи якуми стратегии миллї - истиќлолияти энергетикї номидаанд. Дар њаќиќат, НБО «Роѓун» иншооти таќдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тољикистон аст, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу зањматќарини тољик амалї гардид. Азму талоши хастагинопазири Пешвои муаззами миллат буд, ки бори аввал дар 28 соли соњибистиќлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакат пурра бо барќ таъмин мешаванд. Дар баробари ин, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олї таъкид карданд, ки Тољикистон имконият дорад, баъди ба кор андохтани иќтидорњои нав, аз љумла НБО «Роѓун» аз лињози фоизи истењсоли неруи барќ аз манбаъњои таљдидшаванда дар љањон ба љойи дуюм ё сеюм барояд. Ин сањми Тољикистон дар њалли яке аз мушкилоти глобалї – кам кардани партовњои гази карбон ба њавои атмосфера ва коњиш додани оќибатњои манфии гармшавии иќлим хоњад буд. Мо хуб эњсос мекунем, ки сохтмони Неругоњи
барќи обии «Роѓун» барои мардуми кишвар масъалаи «њаёту мамот» аст, зеро он ба устувор шудани мавќеи љумњурї ва пайдо гардидани имкониятњои нав барои ривољи иќтисодиёт мусоидат менамояд. Пешвои миллат барњаќ таъкид кардаанд, ки агар захирањои нафту газ дар њар кишвар дер ё зуд ба охир расанд, пас, захирањои гидроэнергетикии Тољикистон фаровону бепоён буда, чун чашмаи поянда ба наслњои оянда хизмат мекунанд. Бо сохтмони НБО «Роѓун», ки дар Осиёи Марказї бузургтарин ва дар љањон аз љумлаи нодиртарин иншоотњои гидроэнергетикї хоњад буд, дар тараќќиёти иќтисодии сарзамини мо як марњилаи нав оѓоз ёфта, масоњати бузурги заминњои бекорхобида корам шуда, дар ин асос садњо корхонањои миёна ва азими саноатї бунёд хоњад гардид. Бо итминони комил метавон гуфт, ки нуктањои муњими дар Паёми навбатии Сардори давлат ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон садодода ќадам ба ќадам татбиќи амалии худро ёфта истодаанд, зеро Пешвои миллат дар Паёмашон гузаштан ба давраи сифатан нави амалисозии њадафњои стратегии мамлакатро таъкид намуданд. Мусољон ЮСУФОВ, мутахассиси пешбари Раёсати адлияи вилояти Хатлон
ПАЁМИ МУЗАФФАРИЯТЊО Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њуљљатест, ки љомеаи моро ба фардои нек роњнамої мекунад. Агар ба муњтавои Паём эътибор дињем, мебинем, ки дар он ба њар як бахши њаёти љомеа ќисмате људо гардида, муњимтарин самтњои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорї шудаанд. Дар баробари се њадафи стратегї – рањої аз бунбасти коммуникатсионї, истиќлолияти
энергетикї ва таъмини амнияти озуќаворї барои амалишавї њадафи чоруми стратегї – саноатикунонии кишвар гузошта шуд, ки таќозои замон аст. Имрўз барои амалишавии ин стратегия дар кишвар тамоми заминањо мављуданд. Ин иќдоми неку созандаи Пешвои миллат низ чун дигар наќшањои ќаблї амалї мегардад ва Тољикистон дар ќатори кишварњои саноатї-аграрї ќарор мегирад. Њамчунин, дар Паёми навбатї
таваљљуњи бештар ба сатњу сифати таълим равона шудааст. Пайдост, ки пояи њамаи зинањои тањсилот аз тарбияи томактабї оѓоз мешавад. Пешвои миллат дастур доданд, ки солњои наздик фарогирии кўдакон ба муассисањои томактабї ба 30 дарсад расонида шавад. Бо амалишавии ин вазифа сатњу сифати таълим дар њама зинањои тањсилот бењтару хубтар мегардад. Диловар СУЛАЙМОНЗОДА, корманди дастгоњи Суди иќтисодии вилояти Хатлон
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТЇ ВА ЊИФЗИ ИЉТИМОИИ АЊОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Муассисаи ѓайридавлатии таълимии «Коллељи тиббї - иљтимоии шањри Бохтар» ќабули довталабонро барои соли тањсили 2019-2020
эълон менамояд Ба коллељи тиббї - иљтимоии шањри Бохтар хатмкардагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон, шањрвандони давлатњои хориљї мувофиќи шартномаву созишномањои байнидавлатї, хориљиён ва шахсони бетабаа ќабул карда мешаванд. Њамаи гурўњњо ба тариќи шартномавї тањсил менамоянд. Шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва давлатњои хориљї, ки њуљљатњои баробарэътирофии тањсилоти миёнаи умумї доранд, ќабул карда мешаванд. Ба коллељ довталабони синнашон то 30-сола ќабул карда мешавад. Тањсил дар коллељ бо забони давлатї (тољикї) ба роњ монда шудааст. Дар коллељи тиббї – иљтимоии шањри Бохтар довталабон танњо ба шуъбаи рўзона аз рўйи ихтисосњои зерин ќабул карда мешаванд: Муњлати тањсил 3 солу 10 моњ ( аз синфи 11): -“Кори табобатї”, бо додани тахассу-
си “Њамшираи (бародари) тиббии оилавї” (шартномавї); -“Кори момодоягї”, бо додани тахассуси “Момодоя” ( шартномавї); Муњлати тањсил – 2 солу 10 моњ (аз синфи 11): -“Кори њамширагї”, бо додани тахассуси “Њамшираи тиббї” (шартномавї); -“Кори фарматсевтї”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавї); “Кори њамширагї дар косметология бо тахассуси косметология” (шартномавї). Муњлати тањсил - 3 солу 10 моњ (аз синфи 9): “Кори њамширагї”, бо додани тахассуси “Њамшираи тиббї” (шартномавї); “Кори фарматсевтї”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавї). Имтињонњои дохилшавї дар Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон гузаронида мешаванд. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Љ. Румї-2, телефонњо барои тамос: 3-48-77, 3-48-88.
Рўзи дарњои кушод
Ба диќќати хатмкунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон расонида мешавад, ки дар рўзњои 12-13 марти соли 2019 дар коллељи тиббї - иљтимоии шањри Бохтар “Рўзи дарњои кушод” гузаронида мешавад. эътибор надорад
ТАЪЗИЯ Ањли ќалами рўзномаи вилоятии “Хатлон” бинобар вафоти собиќадори матбуот, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон Љумъабек Эњсонов андуњгин буда, аз даргоњи Худованд ба пайвандону наздикони марњум сабри љамил хоњонанд.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Наљот САФАРЗОДА
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Шањодатномаи гумшудаи Т –АТУ №0214858, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2015 МТМУ №24-и ноњияи Дўстї ба Бекназаров Ислом додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №749343, дар бораи хатми синфи 8, ки онро соли 1975 МТМУ №43-и ноњияи Кўшониён ба Одинаева Шодигул Абдурањмоновна додааст, эътибор надорад. Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 27.02.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8500 нусха.
Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896