ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №40 (3177)
Панљшанбе, 1 ноябри соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
ТАШАББУСЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ОМИЛИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ Ташаббусњои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар сатњи байналмилалї зиёд аст. Тољикистон ва Эмомалї Рањмонро дар сатњи минтаќавию байналмилалї њамчун кишвар ва шахси ташаббускор мешиносанд ва эътироф мекунанд. Нахустин ташаббуси сатњи байналмилалии Тољикистон, ки тањти роњбарии бевоситаи Эмомалї Рањмон сурат гирифтааст, пешнињоди Соли оби тоза эълон кардани соли 2003 мебошад, ки дар иљлосияи 54-уми Маљмааи умумии Созмони Милали Муттањид ироа гардид ва 20 сентябри соли 2000 иљлосияи навбатии СММ соли 2003-ро «Соли оби тоза» эълон намуд. Ташаббуси дигаре, ки аз тарафи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сурат гирифт, ин пешнињоди Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт» буд, ки дар форуми байналмилалї оид ба об 29 август-1 сентябри соли 2003 дар шањри Душанбе садо дод. Ин пешнињоди навбатии Тољикистон 23 декабри соли 2003 бо ќабули ќатъномаи дахлдори Маљмааи умумии Созмони Милали Муттањид пазируфта шуд ва солњои 2005-2015 њамчун Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт эълон гардид. Ташаббуси дигари Президенти Љумњурии Тољикистон дар сатњи љањонї рољеъ ба њамкорї дар соњаи об мебошад, ки 20 декабри соли 2010 аз љониби СММ бо ќабули ќатънома пазируфта шуд. Соли 2013 «Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об» эълон гардид. Ташаббуси чоруми Тољикистон дар сатњи байналмилалї, ки тањти роњбарии Пешвои миллат сурат гирифт, ин Дањсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028» мебошад, ки дар Форуми љањонии об рўзњои 12-17 апрели соли 2015 дар Љумњурии Корея пешнињод шуда буд. 21 декабри соли 2016 ќатъномаи дахлдори Маљмааи умумии СММ ќабул гардида, Дањсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028» пазируфта шуд. Ташаббуси навбатии Тољикистон оид ба таъмин намудани кишварњои Осиёи Марказї бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалї доир ба истифодаи оби кўли Сарез аст. Ташаббусњои Эмомалї Рањмон танњо марбут ба об набуда, балки дар дигар самтњо низ мављуданд. Ташаббусе, ки аз тарафи Тољикистон пешнињод гардид, вобаста ба масъалањои таѓйирёбии иќлим мебошад, ки Президенти Љумњурии Тољикистон дар конфронсњо ва Форумњои сатњи байналмилалї баромад намуда, доир ба таъсиси Бунёди байналмилалии њифзи пиряхњо пешнињод овардааст. Инчунин оид ба њалли масъалањои амниятї, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, таъсис додани маркази минтаќавї оид ба масъалаи минањо аз љумла пешнињодњои Пешвои миллат мебошад. Ин њама кўшишу ѓайрат, азму талош барои бунёди Тољикистони ободу сарсабз ва рўзгори ободу осудаи мардум ба халќи Тољикистон њамвора рўњу илњоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи Љумњурии Тољикистон, дар маљмўъ, барои баланд шудани сатњи рўзгору некуањволии мардуми мамлакат њамаљониба мусоидат мекунад. Хидматњои беназири Президенти Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон инчунин дар роњи барпо кардани сулњу субот ва вањдати миллї, пойдор ва устувор намудани пояњои
давлатдории миллї бо таваљљуњ ба гузаштаи пурифтихор, њифз кардани тамомияти арзї ва таъмини ягонагии халќи Тољикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину ойин муњим ва ќобили мулоњиза арзёбї мешавад. Љойи њељ шакку шубња нест, ки Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон бо роњбариву рањнамоии хирадмандона, кору пайкори љавонмардона ва иќдому амалњои ибратбахши созандаю омўзанда ва бунёдкоронааш Тољикистони тозаистиќлоли ба гирдоби љанги дохилї мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокат берун кашид ва бо мењнату зањмати пайвастаи бедареѓ, хизмати софдилонаи шабонарўзї ба нафъи халќу Ватан, истиќлолияти воќеиро дар тамоми љабњањои њаёти љомеа таъмин намуд. Яъне Тољикистонро аз таназзул ба тањаввул, аз тањаввул ба ташаккул ва аз ташаккул ба тараќќиёту тавоної рањнамун карда истодааст. Ин бе мустањакам намудани пояњои иќтисодии давлат ѓайриимкон аст. Пешвои миллат бо дарки ин масъала аз ибтидо барои ба ин маќсад расидан се њадафи стратегиро, ки аз таъмини истиќлолияти энергетикї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва њифзи амнияти озуќаворї иборат мебошад ва рушди устувори Тољикистонро таъмин мекунад, ба роњбарї гирифта, барои амалигардонии он љидду љањд намуда истодааст. Њукумати Љумњурии Тољикистон барои расидан ба истиќлолияти энергетикии кишвар корњои назаррасе анљом додааст. Ќобили ќайд аст, ки бо ба истифода додани нерўгоњњои хурду миёна ва бузург, гузаштани корхонањои саноатии кишвар аз барќу газ ба ангишти ватанї ва ба кор даромадани маркази обу гармидињии Душанбе-1 ва 2 шурўъ аз моњи январи соли 2017 дар мамлакат рељаи интиќоли барќ бардошта шуд, ки ин такони љиддї дар роњи расидан ба њадафњои стратегии кишвар мебошад. Боиси ёдоварист, ки бо ба кор даромадани нерўгоњи барќии «Роѓун» Тољикистон ба истиќлолияти энергетикии худ даст ёфта, ба як кишвари содиркунандаи барќ табдил меёбад. Њадафи дигаре, ки Президенти кишвар ва Њукумати Љумњурии Тољикистон доранд, ин аз бунбасти коммуникатсионї баромадани мамлакат мебошад, ки сохтмону таљдиди роњњои мошингард, наќбњо, пулњо, роњњои оњан, фурудгоњњо ва дигар инфрасохтори наќлиётии љавобгў ба стандартњои байналмилалиро пешбинї мекунад. Барои расидан ба ин њадаф корњои зиёде анљом шудааст, аз ќабили сохтмони наќбњои мошингарди «Шаршар», «Хатлон», «Шањристон» ва «Истиќлол», таљдиди роњњои мошингарди «Душанбе-Бўстон-Чаноќ», «Душанбе - Нуробод - Љиргатол - Саритош», «Душанбе-Данѓара», Ќўрѓонтеппа-Дўстї, Кўлоб-Ќалъаи Хумб-Хоруѓ-Ќулма ва ба истифода додани панљ пули мошингузар дар болои дарёи Панљ ва ѓайра, инчунин татбиќи чандин лоињаи дигар идома дорад, ки дар сурати татбиќи онњо кишварро аз як мамлакати дар бунбаст ќарордошта ба кишвари транзитї табдил медињад. Таъмини амнияти озуќавории љумњурї яке аз њадафњои
АЗИМ ИБРОЊИМ:
Дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ситоди зимистонгузаронї бо иштироки Азим Иброњим, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон, Умед Зоирзода, муовини раиси вилоят, намояндагони вазорату идорањои дахлдор ва дигар шахсони масъул баргузор гардид. Љамъомадро Азим Иброњим, муовини Сарвазири Љумњури Тољикистон, њусни оѓоз бахшида, таъкид намуд, ки бояд њаматарафа ба фасли зимистон омода бошем. То фарорасии зимистон масъулин бояд хўрока, сўзишворї ва маводњои зидди лаѓжишро пурра таъмин намоянд. Муовини Сарвазир аз он изњори нигаронї намуд, ки дар бисёр маврид масъулин маълумоти нодуруст пешнињод мекунанд, то камбудии худро пинњон намоянд. Барои ба чунин вазъ рў ба рў нашудан, гурўњњои корї ташкил намудем, то ба шањру навоњї рафта, њамаљињата вазъи зимистонгузарониро омўзанд. Сипас, муовини раиси вилоят Умед Зоирзода оид ба рафти корњои омодагї ба мавсими зимистонгузаронї суханронї намуда, зикр дошт, ки барои зимистонгузаронї дар соњаи
маориф ангишт 99,2 фоиз, њезум 92,1 фоиз ва сўзишвории дизелї 98,3 фоиз захира гардидааст. Њамчунин, дар соњаи тандурустї то рўзи 22 октябри соли љорї захираи ангишт 104%, њезум 107% ва сўзишвории дизелї 85 фисад таъмин г8ардидааст. Иљрои наќшаи сўзишвории соњаи тандурустї дар шањру ноњияњои Кўлоб, Хуросон, Мир Сайид Алии Њамадонї ва Фархор мувофиќи талабот ба роњ монда нашудааст. Ба ќавли муовини раиси вилояти Хатлон, дар соли љорї аз буљети мањаллии шањру ноњияњо бо маќсади зимистонгузаронї дар соњаи маориф 7,1 миллион сомонї ва соњаи тандурустї 779 њазору 900 сомонї маблаѓ пешбинї шудааст. То 22 октябри соли равон аз рўйи њисоботи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар соњаи маорифи вилоят 6,8 миллион сомонї ва тандурустї 739, 6 њазор сомонї равона гардидааст, ки мутаносибан 96 ва 95 фоизи наќшаи пешбинишударо ташкил медињад. - Соли љорї дар соњаи роњу нигоњдорї то ин дам аз њисоби имкониятњо 13 њазор 726 м3 ќуму намак захира шудааст. Њарчанд дар соњаи роњу нигоњдорї иљрои наќша таъмин шуда бошад њам, вале вазъи на њама роњњои дорои ањамияти љумњуриявї, мањаллї, пулњо ва механизмњои соња дар њолати зарурї ќарор доранд. Њолати роњњои автомобилгарди ањамияти љумњуриявидоштаи шањру ноњияњои Кўлоб, Восеъ, Дўстї, Ќубодиён, Љайњун, Панљ, Ёвон ва 46 адад пулњои шањру ноњияњои Бохтару Восеъ ба азнавбарќароркунї ва таъмир ниёз доранд, - ироа намуданд У. Зоирзода. Ба ќавли муовини раиси вилоят, дар њамин давраи соли љорї ноќилњо 65,3 фоиз, трансформаторњо 56,4 фоиз, оиќњои шикаста 80,1 фоиз, људокунакњои барќї 44 фоиз иваз гардидаанд. Њамчунин, илова намудани равѓанњои трансформатор 99, 4 фоиз таъмин гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Хатлон барои зимистонгузаронии чорвои калону майда ва паранда хуб омода нашудааст. Барои зимистонгузаронии саршумори чорвои калону майда 787 њазор тонна хошокњои дурушт, баробар ба 107 фоиз, 28 њазор тонна хўроки ширадор, баробар ба 66 фоиз, захира шудааст. Дар охир масъулин аз тарафи муовини Сарвазири кишвар Азим Иброњим вазифадор гардиданд, ки фаъолияти ситоди вилояти Хатлон пурзўр карда шуда, маълумот, наќшаи захирањои ангишт, сўзишворї, њезум, маводи ѓизої ва ѓайрањо дар шањру ноњияњои вилоят минбаъд бо ситоди вилоятї мувофиќа карда шавад. Аз љониби ситоди вилоятї љамъоварии маълумот ва мониторинги омодагии љузъу томњои сохторњои ќудратии ноњияњои наздисарњадї ва дурдасти вилоят бо маводи озуќа, либос, пойафзол, маводи гармидињї ва амволи дигари махсус чорањои амалї андешида шуда, маълумоти даќиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод кунанд. - Маблаѓгузории соњаи маориф, тандурустї ва фарњанг, ки барои харидории ангишт, њезум, сўзишворї ва ѓайрањо пешбинї гардидааст, сари ваќт аз њисоби буљетњои мањаллии шањру ноњияњо људо карда шаванд. Тоза намудани хатњои интиќоли барќро бо пуррагї ба анљом расонанд ва сари ваќт минтаќаи муњофизатиро бо трансформатор таъмин намоянд, - зикр намуд А. Иброњим, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон. Њамчунин, муовини Сарвазир илова намуд, ки хокаи ангишти аз солњои пешин боќимонда, ки истифодаи он ѓайриимкон мебошад, аз анборњои ќисмњои низомї, муассисањои маорифу тандурустї ва дигар сохторњо дар асоси ќонунњои амалкунанда холї карда шаванд. Њангоми харидорї намудани ангишт аз љониби роњбарони ташкилоту идорањо ба сифати он диќќати љиддї дода шавад. Фаромўз БОБОЕВ, «Хатлон»
ШИРКАТИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ФОРУМИ БАЙНИПАРЛУМОНЇ Раиси вилояти Хатлон, раиси Кумитаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода дар њайати парламентии Тољикистон барои иштирок дар Форуми шашуми байнипарламентии «Россия - Тољикистон: неруи њамкории байниминтаќавї» ба шањри Москва сафар намуд. Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тољикистон: неруи њамкории байниминтаќавї» тањти раёсати раиси Шўрои Федератсияи Маљлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмадсаид Убайдуллоев доир гардид. Дар он аъзои Шўрои Федератсияи Маљлиси Федералї, роњбарият, аъзои Њукумати Федератсияи Россия, субъектњои он ва доираи васеи соњибкорони њар ду кишвар ширкат варзиданд. Дар њошияи Форум љаласањои Комиссияи њамкории Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва Шўрои
Федератсияи Маљлиси федералии Федератсияи Россия, суњбатњои гирди миз оид ба мавзўъњои «Такмили асосњои њуќуќї — омили муњими њамкорињо», «Такмили раванди муњољирати мењнатї — таќозои замон», «Рушд ва такмили њамкорињои тиљоратї — иќтисодї», «Оид ба вазъи њамкорињо дар соњањои аграрї, саноати хўрокворию истењсоли мањсулот (истењсоли саноатии молњо) ва тадбирњои иловагї доир ба такмили минбаъдаи онњо», «Вазъ ва дурнамои њамкорињои иљтимоию гуманитарии Россия ва Тољикистон: илм, маориф, фарњанг ва тандурустї» доир гардиданд.
ПАХТАКОРОНИ ДАНЃАРА ПЕШСАФАНД То имрўз се шањру ноњияи пахтакори вилояти Хатлон – Данѓара, Бохтар ва Левакант дурнамои имсолаи љамъоварии њосили пахтаро беш аз сад фисад иљро кардаанд.
дигари стратегии мамлакат буда, барои ба ин маќсад расидан давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти роњбарї ва њидоятњои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон тадбирњои муассире андешида истодааст. Тавре Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќайд намуданд: «пешрафти истењсолоти кишоварзї омили муњимтарини таъмини амнияти озуќавории мамлакат мебошад... Мо амнияти озуќавории кишварро танњо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истењсоли мањсулоти кишоварзии худиро њарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ѓизоии воридотї камтар вобаста бошем». Ба ин хотир, дар дохили кишвар корхонањои истењсоливу саноатии хурду миёнаи воридот ивазкунанда сохта шуда, вобастагии кишварро аз воридоти молњои беруна кам намуда истодааст. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон аз оѓози роњбариаш бо масъулияти бардўшгирифтааш ба љањониён нишон додааст, ки њамчун сиёсатмадори муќтадир, роњбари дурбин, хоксор, мардумї тамоми масоилро ба хубї дарк намуда, бо пешнињодњои худ, ташабускорї ва созандагї нишон дода, бањри иљрои онњо камари њиммат бастааст. Истеъдоди фавќулодаи давлатдорї, мањорати камназири сиёсатмадорї ва љидду љањди хастагинопазири пайвастаи ў барои расидан ба ин њадафњои стратегии мамлакат мусоидат намуда, барои тадриљан ба давлати мутараќќиву тавоно табдил ёфтани Тољикистон замина фароњам меоварад. Фазлиддин Мањмадрањимзода, магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон
«Зан - роњбар»
«ОМОДАГии ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ФАСЛИ САРМО бояд бењтар бошад»
7 рЎзи ХАТЛОН
Бо иќдоми маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон курси омўзишии “Зан-роњбар” гузаронида шуд. Дар ин курси омўзишї занону бонувон, намояндагону масъулини љамоатњои дењот ширкат варзиданд. Муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар чорабинии мазкурро оѓоз бахшида, иброз дошт, ки дар сиёсати имрўзаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Президенти кишвар занону бонувон мавќеи хоса доранд. Дањњо ќонуну санадњои њуќуќї ба тасвиб расидааст, ки маќому манзалати занону бонувонро баланд бардоштааст. «Ѓамхорињои рўзафзуни роњбарияти олии кишвар мо - занону бонувонро водор месозад, ки бењтару хубтар фаъолият намоем», - таъкид дошт зимни суханронї Махфират Хидирзода. Њамин тавр, муовини раиси вилоят доир ба мавзўи “Сарварии занон ва љанбањои психологию сиёсии он”-“ Имиљи зан –роњбар”, намояндагони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Амид Комилбеков вобаста ба масъалањои “Идоракунии давлатї ва хусусиятњои он дар замони муосир”, Сомон Мавлонназаров “Иттилоот ва наќши он дар сиёсат”, Рањмонзода Абдулло-раиси КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон атрофи масъалањои “Зан ва сиёсат: љанбањои њуќуќии сиёсати гендерї”, Мањмадсабур Солењзода - мудири шуъбаи кадрњои дастгоњи раиси вилоят, дар мавзўи “Механизми ташаккули захираи кадрї”, Абдулхайр Солињов “Идоракунии давлатї ва хусусиятњои он дар замони муосир” маърўза намуданд. Дар доираи семинари омўзишї иштирокдорони чорабинї аз муассисаи давлатии Осорхонаи таърихї - кишваршиносии вилоятии ба номи “Авесто” ва муассисаи давлатии «Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоњин» дидан намуданд. Дар интињои курси омўзишї нишасти мизи мудаввар тањти унвони “Мактаби сарварии занони муваффаќ” доир гардид. Ба иштирокчиёни курси мазкур сертификатњо супорида шуд.
Корњои ободонї вусъат меёбанд Ба ифтихори 30-солагии љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон корњои бунёдкорию созандагї идома доранд. Дар ноњияи Абдурањмони Љомї низ тибќи дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба љашн гирифтани 30-солагии Истиќлолияти давлатї бунёди 150 иншоот дар назар аст. Айни замон корњои сохтмонї дар ноњия суръати тоза гирифтааст. Дар биноњои маъмурии Кумитаи идораи замин ва КДФ «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» корњои сохтмонї- насби дару тирезањо ба анљом расида истодааст. Тавре ки мудири бахши меъморї ва шањрсозии ноњия Зеров Фатњулло иброз дошт, дар бунёди иншоотњои љашнї беш аз 300 нафар сокинони мањаллї бо љойи кор фаро гирифта шудаанд. Имрўзњо дар њудуди љамоатњои дењот низ бо иќдоми соњибкорони мањаллї корхонаи консервабарорї, кўпрук, сардхона, мењмонхона ва дигар иншоотњои хизматрасониву маъмурї ќомат афрохтанд. ВАХШОНА, «Хатлон»
Шањрзод Сафарзода, сармутахассиси шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни тасдиќи ин хабар ба рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки барзгарони ноњияи Данѓара ба андозаи 109,3%, шањрњои Бохтар 105,8% ва Левакант 103,2%-и дурнамо пахта чидаанд. Ба ќавли Ш. Сафарзода, то рўзи 30 октябр пахтакорони вилояти Хатлон љамъан 162 033 тонна пахта чидаанд, ки 64,7 дарсади дурнамои солонаро ташкил медињад. Дар ќиёс бо њамин шабу рўзи соли 2017 дар вилоят ба андозаи 82 њазору 215 тонна камтар њосил ба даст омадааст. - Дар маъракаи њосилѓундорї имрўзњо барзгарони ноњияњои Кўшониён (83,3%), Носири Хусрав (81,7%), Хуросон (73,6%), Ёвон (73,5%), А. Љомї (70,4%), Панљ (66,6%), М.С.А.Њамадонї (66,3%) нисбатан фаъолтаранд, - ќайд кард сармутахассиси шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилоят. – Онњо ба њисоби миёна дар як рўз 16002000 тонна пахта чида, дурнамои солонаи љамъоварии «тилои сафед»-ро аз њисоби миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд. Имсол дар 19 шањру ноњияи пахтакорони вилояти Хатлон дар майдони 122404 гектар пахта кишт шуда, тибќи дурнамо бояд 250310 тонна «тилои сафед» истењсол гардад.
МУЛОЌОТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ Дар толори хурди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар вохўрии гурўњи кории Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон бо роњбарони ташкилоту муассиса, корхонањои шањрї баргузор гардид. Дар вохўрии мазкур изњор гардид, ки тибќи мушоњидањо кормандони баъзе маќомотњо ба амалњои коррупсионї даст зада, ќонуну ќоидањоро риоя намекунанд. Аз ин рў, кормандони њамаи сохторњоро зарур аст, ки аз њаракатњо ва аъмоли бо коррупсия олуда худдорї намоянд. Зеро ин зуњурот барои љомеаи инсонї
нангин буда, монеи пешрафти љомеа ва боиси нобоварии мардум ба давлат мегардад. “Ба ин далел, мо бояд њамеша на фаќат аз коррупсия дур бошем, балки бо коррупсия њисси оштинопазир дошта бошем ва муќовимати устувор нишон дињем, то ин ки ин зуњуроти манфї дар љомеа реша надавонад”, - зикр шуд дар мулоќот.
ОМОДАГЇ БА ФАСЛИ САРМО ДАР КЎЛОБ Муассисањои соњаи маориф, тиб ва фарњанги шањри Кўлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони 2018-2019 омодаанд. Тибќи маълумоти комиссияи ситоди зимистонгузаронии шањри Кўлоб, дар натиљаи чорањои андешидаи ситод дар муассисањои соњаи маорифи шањру дењоти Кўлоб 118 тонна ангишт (100%), 913 метри мукааб њезум (114 фоиз), 1387 литр сўзишворї (100%) захира карда шудаанд. Дар 9 муассисаи таълимї дегхонањо дар њолати корї ќарор дошта, 42 муассиса бо хатти барќи озод таъмин мебошанд. Раёсати молияи шањр барои зимистонгузаронї ба соњаи маориф 132,3 њазор сомонї, ба соњаи тандурустї 50,3 њазор сомонї ва ба соњаи фарњанг 14,8 њазор сомонї маблаѓгузорї намудааст. Раисони љамоатњои дењот вазифадор гардидаанд, ки муассисањои соњаи маориф, тандурустї ва фарњангро бо њезум таъмин намоянд.
Ш. ШОЊИН. АЗМИ БУНЁДИ 5 МАКТАБИ НАВ То љашни умумимиллии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Шамсиддин Шоњин бунёди 5 муассисаи таълимї бо 1550 љойи нишаст дар назар дошта шудааст. Тавре ки масъулони шуъбаи маорифи ноњия хабар доданд, дар 5 соли охир аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї дар ноњияи Шамсиддин Шоњин 29 бинои наву иловагї бо 4 њазору 750 љойи нишаст сохта ва мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Манбаъ њамчунин афзуд, ки дар соли хониши 2018-2019 ба-
рои муассисањои таълимии ноњия аз њисоби Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон 94 номгўй китобњои дарсї ва бадеї, 29 номгўй барномањои таълими фаннї (ба миќдори 790 нусха) ва 1730 љуфт либоси мактабї аз корхонањои ноњия ва шањри Бохтар дастрас шуданд.
ТЕАТРИ ЛЎХТАКИ «АФСОНА» САЗОВОРИ ДИПЛОМ ШУД Њунармандони театри навбунёди лўхтаки «Афсона» аз шањри Бохтар дар VI-умин Љашнвораи байналмилалии театрњои лўхтак «Чодари хаёл» сазовори диплом ва туњфањои хотиравї гардиданд. Тавре ки Хайрулло Давлатов, роњбари театри вилоятии лўхтаки «Афсона», ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ дод, њаводорони љашнвора ва намояндагони фарњангу санъат ба намоишномаи «Подоши амал» бањои баланд доданд. «Фестивали мазкур дар замони соњибистиќлолии Тољикистон ба њукми анъана даромадааст ва сол то сол рангу маънии тоза меёбад, дар дилу дидагони наврасон шавќу завќ, эњсоси зебоишиносї, муњаббат ба зиндагї ва ватани мањбубро бедор месозад», - зикр кард Х. Давлатов ва афзуд, ки дар доираи фестивал дар баробари намоишномањо, инчунин мастер-классњо, конфронсњо ва вохўрињо баргузор гардиданд. Дар фестивали мазкур намоишномањои театрњои лўхтаки Россия, Ўзбекистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Туркманистон ва Тољикистон намоиш дода шуд, ки иди хотирмони наврасон ва иди сурурбахши театрњои лўхтакро мемонд.
ТАЉЛИЛИ 150-СОЛАГИИ ЊОЉЇ ЊУСАЙН ДАР КАНГУРТ Бахшида ба 150-солагии Њољї Њусайни Хатлонї дар Боѓи фарњангу фароѓатии мавзеи Кангурти ноњияи Темурмалик, ки дар маркази он муљассамаи ин шоири нозукбаён ќомат барафрохтааст, чорабинии фарњангї сурат гирифт. Таљлили 150-солагии Њољї Њусайни Хатлонї бо баргузории намоишгоњи њунарњои мардумї оѓоз ёфт. Масъулони барнома ва мењмонон аз ин намоишгоњ дидан карда, бо њунари мардуми Кангурт аз наздик шинос шуданд. Баъдан чорабинии асосї доир шуд, ки онро бо сухани табрикотї раиси ноњияи Темурмалик Эмомиддин Аслзода оѓоз намуд. Вай аз Њољї Њусайн ба унвони бењтарин шоири музофотї ном бурда, зикр кард, ки мавсуф дар ќатори Шамсиддини Шоњин аз шоирони номдори Хатлон мањсуб мешавад. Дар ин њамоиш инчунин
муовини президенти Академияи илмњои Тољикистон Абдуррањмон Муњаммад, ходими калони илмии Пажўњишгоњи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї Амирхуља Абдуррањимов, ягона набераи Њољї Њусайни Хатлонї Муслињиддин Шамсиддин сухан гуфтанд. Набераи Њољї Њусайн аз иќдоми Њукумати Тољикистон, маќомоти вилояти Хатлону ноњияи Темурмалик ва Академияи илмњои Тољикистон барои таљлили 150солагии зодрўзи ин шоири саршинос таќдир кард.
2
ХАТЛОН
Панљшанбе, 1 ноябри соли 2018, №40 (3177)
Ифтитоњи 6 иншооти тиббї дар ноњияи Данѓара
Бо љонибдорї аз сиёсати бунёдкоронаи роњбарияти олии мамлакат, сокинони баору номуси ноњияи Данѓара даст ба корњои ободонию созандагї зада, имрўзњо бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, Бонки Умумиљањонї ва њиссагузории соњибкорони мањаллї, дар 17 иншооти тиббї корњои таъмиру азнавсозиро анљом дода истодаанд. Дар худи њамин сол биноњои 6 муассисаи тиббии навсохта маври-
ди бањрабардории умум ќарор дода шуд, ки 4 адад бо маблаѓгузории соњибкорон ва 2 адад дар Љамоатњои дењоти Сангтўда ва Себистон аз њисоби Лоињаи Бењтаркунии хизматрасонии тиббї аз сифр бунёд гардида, бо тамоми дастгоњу таљњизоти муосири ташхисию табобатї муљањњаз гардонида шудаанд. Дар њудуди ноњияи Данѓара имрўз 19 Маркази саломатии дењотї 39 бунгоњи тиббї ва 1 маркази саломатии ноњиявии мављуда, марњила ба марњила шароити кору хизматра-
сониашон бењтар ва муассисаи тиббие, ки дар љойњои ѓайримуќаррарї, яъне вагону мактаб ва хонањои истиќоматї љойгир карда шуда буданд, бо биноњои алоњидаи тозабунёд таъмин гардидаанд. Маросими кушодашавии иншоотњои нави тиббї бо иштироки вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон Насим Олимзода, вазири маориф ва илми љумњурї Нуриддин Саид, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, масъулини ноњия, сокинон ва дигар мењмонони расмї сурат гирифта, аз наздик бо сатњу сифати корњои сохтмонии анљомёфта ва шароити мављуда ошної пайдо намуданд. Чуноне ки роњбарияти вазорати тандурустї зимни баромади табрикотии хеш иброз намуданд, сохташавии иншоотњои нави тиббї дар дењкадањои дурдаст хеле муњим буда, бо ин васила метавон њам афзоиши беморињои гуногунро дар сатњи мањал пешгирї намуд ва њам мардумро аз ташвишу харљњои зиёдатї, ки аксаран бањри шифоёбии худ ба маркази ноњия ё дигар минтаќањои љумњурї рањсипор мегардиданд, рањої бахшид. Бар замми ин, дар ноњияи Данѓара сохтмони асосии 2 маркази саломатии дењотии дигар дар Љамоатњои дењоти «Корез» ва «Лоњур» аз њисоби маблаѓњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Бонки Умумиљањонї бо сатњу сифати баланд идома дошта, соли 2019-ум ба истифода дода мешавад. Биноњои навбунёд њам бо тамоми дастгоњу таљњизоти муосири тиббї муљањњаз гардида, умед аст, ки барои бењтару хубтар гаштани сифати хизматрасонии тиббї ба ањолї мусоидат хоњад кард. Ќурбоналї Ќурбонов
Њуљрањои хатна дар Муъминобод Вобаста ба дастури Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати ташкили њуљрањои алоњидаи хатна дар марказњои саломатї ва бунгоњњои тиббии дурдасттарин дењоти кишвар - дар ноњияи Муъминобод тадбирњои амалї андешида мешавад. Дар беморхонаи марказии ноњия бо ташкили чунин як њуљра дар нуњ моњи соли љорї хатнаи беш аз сад нафар кўдаконро гузарониданд. Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноњия низ дар њамин замина дар 16 маркази саломатии дењотї њуљрањои алоњидаи хатна људо намудааст ва сокинон бе харољоти зиёдатї ва мушкилот метавонанд фарзандони хешро дар муассисањои тиббии дења хатна намоянд. Дар маркази саломатии дењоти Кўлчашма, ки ба шумораи зиёди ањолї хиз-
мати тиббї мерасонад, њар њафта як рўзи хатна муайян шудааст. Ба гуфти сардухтури маркази саломатї Бобољон Бањромов, њафтаи гузашта бо љалби љарроњ аз маркази ноњия хатнаи 50 нафар кўдакон гузаронида шуд. Барои њафтаи оянда бошад, 56 нафар кўдакон номнавис шуда-
анд. Маркази саломатии дењоти Њанатарош ба беш аз 3000 нафар ањолї хизмати тиббї мерасонад ва дар ин марказ низ тамоми шароит барои дар њолати санитарї ва бехатар гузаронидани хатна муњайё карда шудааст. Дар маљмўъ бо кумаки аввалияи
тиббї - санитарии ноњия фарзандони њамаи мурољиаткунандагон тариќи ройгон хатна карда шудаанд. Корманди тиббии ноњия Ганљалї Сайвалї мегўяд, ки бањри гузаронидани хатнаи кўдакон дар марказњои саломатї бо ањолї пайваста корњои фањмондадињї гузаронида мешавад. Ин аст, ки давоми нуњ моњи соли љорї хатнаи 270 нафар кўдакон гузаронида шудааст. Раёсати молияи ноњия барои таъмир ва таљњизонидани њуљрањои хатна маблаѓњои зарурї људо намудааст ва то соли нави мелодї маќсад доранд, ки њамаи њуљрањои хатнаро љавобгў ба талаботи имрўза омода созанд. Љарроњон бошанд, аз рўйи наќша дар њуљрањои хатнаи марказњои саломатї бо истифода аз таљњизоти муосир хатнаи фарзандони сокинонро тариќи ройгон мегузаронанд.
Мебояд сайёњиро дар вилоят рушд дод Буљаи аксари давлатњои мутараќќии љањон аз њисоби соњаи сайёњи ѓанї мегардад ва ба ин восита таъриху фарњанги миллати хешро ба љањониён муаррифї менамоянд. Тољикистон бо табиати зебою нотакрор, мавзеъњои таърихї ва фарњанги бою ѓании хеш имкони рушди соњаи сайёњиро дорост ва мањз ба њамин хотир дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2018-ро Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон намуданд. Дар њамин замина, дањњо ширкатњои сайёњї ташкил карда шудаанд ва давоми нуњ моњи соли равон хатсайрњои сайёњї низ дар вилояти Хатлон муайян гардиданд. Дар ноњияи Балљувон мутахассисон бањри рушди ин соња дар вилоят гирди як миз нишастанд. Гуфта шуд, ки ноњияи Балљувон минтаќаи туризми байналмилалї ме-
бошад ва имкони хуби рушди соњаро дорост. Ба ин хотир ташкилоти љамъиятии «Субњи тандурустї» бо маблаѓгузории Фонди глобалии экологї лоињаи «Туризми экологї як омили рушди мањал»-ро амалї намуда истодааст. Дар љамъомад роњбари ташкилоти мазкур Замир Сангов ќайд намуд, ки вобаста ба мавзеъњои таърихї, табиати дилфиреб, кўњњои сарбафалаккашида, мављудияти њайвоноту парандагони нодиру вањшї ва обњои шифобахш метавон сайёњони хориљиро ба ноњияи Балљувон ва ноњияњои минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон љалб кард. Дар маљмўъ, ќайд гардид, ки то њол дар минтаќаи Кўлоб ширкатњои сайёњї нокифояанд ва роњбаладону мутахассисони забондон намерасанд. Зарурати ташкили хатсайрњои нав ва ба роњ мондани сайёњии
кўњнавардию табобатї ва экологї зарур аст. Коршинос Шамсулло Ањадов иброз дошт, ки бояд таљрибаи давлатњои пешрафтаро, ки солњои тўлонї бо туризм машѓуланд, омўзем ва вобаста ба шароиту имконоти Тољикистон, ки хеле васеъ аст, соњаи сайёњиро рушд дињем. Инчунин илова гардид, ки њанўз њам дар вилояти Хатлон ширкатњои сайёњї ангуштшуморанд ва мебояд дар ноњияњои кўњистони минтаќа, аз љумла Муъминободу Шамсиддин Шоњин, Балљувону Ховалинг ва Данѓараю Темурмалик дањњо ширкати навро таъсис дињем ва хатсайрњои сайёњиро зиёд намоем. Дар охири њамоиш фикру андеша ва пешнињоди иштирокчиён бањри бењтар намудани соња дар ноњияи Балљувон ва шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб иброз гардид.
Фестивал - озмуни љумњуриявии «Андалеб - 2018» Бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018, инчунин 27-умин солгарди истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва дарёфти чењрањои нав бо ибтикори Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шањру ноњияњои кишвар даври дуюми Фестивал –озмуни љумњуриявии телевизионии «Андалеб-2018» идома дорад. Ин навбат њайати њакамон дар ноњияи Мир Саид Алии Хамадонї мањорату истеъдоди њунармандон ва њаваскорони санъати ин ноњияро бањогузорї карданд. Фестивал-озмун дар ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї бо пешнињоди њунарњои мардумї оѓоз гардид. Дар ин фестивал - озмун, аслан, љавонон љалб гардиданд. Аз рўи шарти фестивалозмун њайати њакамон аз вазъи муассисањои фарњангї, аз љумла боѓи фарњангї-фароѓатї дидан карданд. Шиору навиштаљот, роњравњои тахту њамвор, нишастгоњњо ва майдончањои гузаронидани чорабинињои фарњангї, майдончањои дилхушии кўдакон ва гулу буттањо ба њакамон писанд омад. Фестивал- озмуни љумњуриявии телевизионии эљодиёти халк «Андалеб 2018» аз 16 бахш иборат буда, ањли њунари њар як ноњия кўшидаанд, то онро дар сатњи ба-
ланд доир намоянд. Хори умумї дар иљрои тарбиятгирандагони мактаби бачагонаи мусиќї писанди њамагон гардид. Навозиши мусиќии асбобњои халќї тањти унвони «Навои вањдат» ва навозиши оњанги халќї бо асбоби най љолибу шуниданї буд. Дар иљрои њамаи номерањои консертї њаваскорону санъаткорони ноњия мањорати волои хешро нишон доданд. Њайати њакамон «Андалеб»ро тарѓибгари санъати миллии тољик муаррифї намуданд ва иброз доштанд, ки мањз дар њамин гуна озмунњо чењрањои нави санъ-
ат зуњур мекунанд. Воќеан њам санъаткорони ноњияи Њамадонї тавонистанд санъати волои хешро нишон дињанд ва сазовори бањои баланд гарданд. Дар бахши намоиши сарулибоси миллї, ки маќсад аз он пешгирї аз фарњанги бегонапарастї ва ба бар накардани либосњои бегона мебошад, беш аз 30 намуди либос пешнињод гардид, ки бо диди нав ва мувофиќ ба
расму ойин ва анъанањои тољикона омода гардида буданд. Фестивалозмун дар шањру ноњияњои кишвар идома дорад ва ѓолибони даври дуюм ба даври навбатї роњхат гирифта, дар пойтахти мамлакат - шањри Душанбе баромад хоњанд кард. Ширинљон Сафарзода
79,9%-И СЎХТОРЊО ДАР ХОНАЊОИ ИСТИЌОМАТї РУХ ДОДААСТ Аз тарафи кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар дањ моњи соли 2018-ум дар миќёси вилояти Хатлон 279 њодисаи нохуши сўхтор ба ќайд гирифта шудааст. Аз њисоби умумии сўхторњо 223 адади онњо дар хонањои истиќоматї ба амал омадааст. Бо маќсади пешгирї намудани њодисањои нохуши сўхтор дар хонањои истиќоматии шањрвандон аз тарафи муњандисон ва нозирони назорати давлатии бехатарї аз сўхтори шањру ноњияњои вилояти Хатлон корњои фањмондадињї, ташвиќоту тарѓибот дар байни ањолї ва дар љойњои љамъшавии одамон омўзиши ќоидањои одитарини бехатарї аз сўхтор бањри пешгирии он ва дар ваќти рух до-
дани сўхтор амал ва кадом корњоро ба иљро расонанд, омўзонида мешаванд. Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон доир ба ташкил намудани марњилаи дуюми чорабинии профилактикї – оташнишонии комплексї аз рўи номгўи рамзи «Муњофиза», дар иншооти давлатии хољагии халќ, манзилњои истиќоматї ва минтаќањои ањолинишини шањру ноњияњои вилояти Хатлон санљишњо гузаронид. Бино ба иттилои У. Толибзода, нозири ШНДБС РХДО вилояти Хатлон, сабабњои асосии сар задани сўхторњо ин беањамиятї зоњир намудан дар ваќти истифодабарии оташ ва беназорат гузоштани он, вайронкунии ќоидањои бехатарї аз сўхтор њангоми истифо-
дабарии таљњизоти барќї ва нодуруст васлкунии ноќилњои барќї, нодуруст истифодабарии таљњизоти газї, печњо, сандалї ва бозии кўдакон бо оташ мебошад. Нозири ШНДБС РХДО вилояти Хатлон аз мардум даъват ба амал меорад, ки њангоми мушоњида намудани нишонањои сўхтор ва ба назар расидани он барои хомўш намудан дарњол аз воситањои асбобу олоти аввалиндараљаи сўхторхомўшкунї, ки дар сипари сўхторнишонї омода мебошанд, ба монанди оташхомўшкунакњо, зарфњои обпошї, бел, чангак, лом, ќум ва дигар намуд истифода бурдан лозим аст. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
Яке аз принсипњои асоси низоми Љумњурии Тољикистон, ки дар моддаи 8 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи молияи давлатии Љумњурии Тољикистон» инъикос гардидааст, ин шаффофияти буљет мебошад. Албатта, яке аз воситањои самараноки шаффофияти буљет ба роњ мондани муњокимаи љамъиятии буља ба њисоб меравад. Тавре ки аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї бармеояд, амалї намудани чорабинињо вобаста ба танзими таќсимкунандагони асосии маблаѓњои буљетї имкон медињад, ки самаранокии фаъолияти маќомоти давлатї бењтар гардида, назорати истифодаи шаффофи молияи давлатї ва татбиќи барномањои соњавї таќсим карда шавад. Дар ин замина, дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон курси кўтоњмуддати омўзишї оид ба низоми иттилоотии ба наќшагирї
КУРСИ ОМЎЗИШЇ ва иљроиши буљети давлатї SGBNET ба роњ монда шудааст. Барномаи дарсии мазкур дар асоси Стратегияи идоракунии молияи давлатї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009 – 2018 тањия гардидааст. Тавре ки сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзода иттилоъ дод, аз моњи апрели соли равон то имрўз беш аз 60 нафар соњиби сертификати Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон шудаанд. Курси мазкур дар шароити имрўза хело зарур буда, барои фаъолияти пурсамари молиявии вазорату идорањо, муњосибони муассисањои буљавї замина мегузорад. Ба ќавли мутахассисон Равшан Юсуфов ва Исфандиёри Нуралї, њадафи асосии курси кўттоњмуддати низоми иттилоотии банаќшагирї ва иљроиши буљетї, дуруст ворид шудан ва
баќайдгирии корхонањои буљавї ва ташкилотњои ќабулкунандаи маблаѓ дар барномаи SGBNET ва мувофиќ будани амалиётњои электронии онњо ба санадњои меъёрї – њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар соњаи молия мебошад. Шунавандагони курс имкон пайдо менамоянд, ки доир ба маќсади тартибу усулњои бањисобгирии муњосибї дар бахши давлатї тартиб додани њисоботњои молиявї дар фаъолияти ташкилоту корхонањо дониши мукаммал гиранд. Њамчунин аз худ намудани асосњои назариявии њукумати электронї, омодаю пешнињод кардани ахбороти молиявї, низоми иттилоотии банаќшагирї ва иљроиши буљети давлатї SGBNEТ дар соњаи молиявии Љумњурии Тољикистон низ аз њадафњои курси мазкур мањсуб меёбад.
Мулоќоти судманд Дар Паёми Президенти Љумњњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии кишвар таъкид гардидааст, ки Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї бояд дар самти тадбиќи босифату шаффоф ва сариваќтии лоињањо назоратро љиддан ба роњ монад. Дар ин баробар, бо маќомоти мањаллї дар фароњам овардани фазои мусоид барои соњибкорї, ташкили љойњои нави кор, фаъол гардонидани сармоягузории хусусї низ тадбир андешида, барои ташкили марказњо ва курсњо оид ба баланд бардоштани маърифати њуќуќиву молиявии соњибкорону тољирон, сатњи касбият ва малакаи онњо чорањои мушаххасро роњандозї намоянд. Дар вохўрии намояндагони бахши хусусї ва сохторњои масъули давлатї, ки дар шањрњои Бохтар ва Кўлоб баргузор гашт, атрофи масъалањои вобаста ба имтиёзу њавасмандкунињои андози соњибкорону сармоягузорон ибрози назар намуданд.
Тавре ки намояндаи Раёсати андози вилояти Хатлон Холназар Маллаев иброз дошт, аз соли 2018 воридоти технологияњои навтарин барои корхонањои дорусозї ва таљњизоти њозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї озод карда шудаанд. Њамчунин, бо маќсади њавасмандгардонии ањолї љињати истењсоли молњои ниёзи мардум дар хона ва рушди њунарњои мардумї фурўши беш аз 106 номгўи чунин молу мавод аз пардохти њамаи намудњои андоз озоданд. Зимни вохўрињои мазкур соњибкорзанон Латифамоњ Ятимова, Роњила Ниёзова, Гулсара Абраматова ва дигарон бобати ѓамхорию дастгирињои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати дастгирии соњибкорон изњори сипос намуданд. ВАХШОНА, «Хатлон»
МАВСИМИ НАВИ ТЕАТРЇ Имрўзњо театрњои кишвар мавсими нави театриро оѓоз менамоянд ва њунармандони театри мазњака - мусиќии ба номи Сайдалї Вализода-и шањри Кўлоб дари театрро ба рўи тамошобин во намуд. Имсол њаштодумин мавсими театрї барои њунармандони шањри Кўлоб мебошад. Театри мазкур 80 сол боз фаъолият дорад ва имрўз њунармандон бо намоишномаи нав дар назди дўстдорони намоишномањои театрї баромад мекунанд. Мавсими имсолаи театриро роњбарият ва њунармандони театр ба таври ѓайриодї огоз карданд. Дар сањни њавлии театр њунармандон аз чанд намоишнома порчахњо пешнињод намуданд. Директори театри мазкур Мустафои Ватан њангоми суњбат иброз дошт, ки тўли 80 сол њунармандони театр беш аз 100 намоишномаи драматургони тољик ва Аврупову Осиёро рўи сањна гузоштаанд, ки аз љониби тамошобинон хеле
хуб ќабул гардидааст. Ба замми ин, њунармандон дар њама гуна чорабинињои сатњи шањрї ва вилоятию љумњуриявї фаъолона ширкат меварзанд. Шоир Њаќназар Ѓоиб тамошобини доимии театр аст ва дар мавсими 80-умини театрї мењмони фахрист. Ў мегўяд, ки театр оинаи зиндагист ва тарбиятгари оила ва љомеа ба шумор меравад. Дар ин театр чанд асари Њаќназар Ѓоиб низ рўи сањна гузошта шудаанд ва яке аз онњо дар Фестивал-озмуни театрњои касбии љумњурї «Парасту» сазовори бањои баланд ва љои аввал гардидааст. Ин театр аз дигар театрњои кишвар бо сањнагузории асарњои манзум фарќ мекунад. Худойназар Тилавов, њунарманди театри мазкур, мегўяд, ки рўи сањна гузоштани асарњои манзум нисбат ба асарњои насрї ба маротиб мушкилтар аст. Њар як њунарманд барои иљрои наќши худ бояд се-
яки намоишномаро аз ёд кунад ва наќши дигар њунармандонро њам аз ёд донад. Дар асари назмї хониши ифоданок, оњанги овоз, риояи ќоидањои ќироати шеър зарур аст. Хушбахтона, њамкасбони ман ин мактабро гузаштаанд ва ба њунармандони љавоне, ки ба кор меоянд, меомўзанд. Баъди кушодашавии расмии мавсими театрї њунармандони театр намоишномаи дар тањияи коргардони љавон Сафархон Мадалиев намоиш доданд. Намоишнома аз њаёти љавонон, давраи донишљўї, пешгирї аз људошавии оилањои љавон ва дигар мавзўъњои рўзро дар бар мегирифт. Дар назар аст, ки намоишномаи мазкур дар дигар шањру ноњияњои кишвар пешнињоди тамошобинон гардонида шавад. Ширинљон Сафарзода
Дар замони имрўза талаботи истеъмолкунандагон нисбат ба хизматрасонї зиёд буда, эњтиёљ ба њимояи њуќуќњои поймолшудаи онњо низ зиёд мешавад. Дар баробари ин, давлат ба як пањлуи масъала – њимояи манфиатњои истеъмолкунанда диќќат дода, њимояи тарафи дигар – истеъмолкунандагонро аз ирода ва хоњиши худашон вобаста медонанд. Яъне, истеъмолкунандагон дар њимояи њуќуќњояшон бояд худашон фаъол бошанд.
ИСТЕЪМОЛКУНАНДА ЊУЌУЌ ДОРАД, КИ… Аз сатњи маърифатнокї дар бахши њимояи њуќуќњои истеъмолкунандагон, дар нињояти кор сатњи риоя шудани њуќуќњои онњо дар ин самт вобаста аст. Сатњи нокифоя ё пасти маърифатнокї дар бахши њимояи њуќуќњои истеъмолкунанда бошад, яке аз омилњои поймол гаштани њуќуќњои онњо дар ин бахш мегардад. Савдогарони ватанї бо мевањои тару тоза бозори озуќавориамонро таъмин намуда, пешкаши мизољон мегардонанд. Бар замми ин, мо ба њайси истеъмолкунанда баромад намуда, мањсулоти заруриро харидорї карда, бевосита ба нуќтањои савдо рў меоварем ва ё аз хизматрасонии наќлиёти мусофирбар, коммуналї ва тиббї истифода мебарем. Вале доир ба њуќуќи худ, яъне истеъмолкунанда бехабарем. Њангоми харидорї намудани ягон намуди ашёи лозима истеъмолкунанда метавонад агар боиси ќабул ё пастсифат бошад, тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон» (9 декабри соли 2004) ба худи фурўшанда баргардонад. Доир ба ин масъала ќонун як ќатор њуќуќњои истеъмолкунандагонро пешнињод намудааст. Масалан, њуќуќ ба маърифатнокї дар соњаи њимояи њуќуќњои истеъмолкунандагон, њуќуќ ба маълумот доир ба мол ва њамчунин, доир ба истеъмолкунандагони он, њуќуќ ба бехатарии мол, њуќуќ ба интихоби озоди мо, њуќуќ ба сифати муносиби мол, њуќуќ ба љуброни пурраи зарар, ки бинобар нуќсони мол расидааст, њуќуќ ба њимояи њуќуќњои худ, њуќуќ ба таъсис додани иттињодияњои
љамъиятии истеъмолкунандагон, њуќуќ ба пешнињод кардани таклифу дархостњо оид ба бењтар кардани сифати мол ба истењсолкунанда. Шоњиди баъзе аз нофањмињои савдогарону харидорон мешавем, ки њангоми баргардонидани моли худ саркашї мекунанд. Аз мушоњида бармеояд, ки маърифатнокии аксарияти истеъмолкунандагон дар бахши њимояи њуќуќњои худ дар сатњи паст ќарор дорад. Аз чунин њолат фурўшандагон сўистифода намуда, њуќуќи истеъмолкунандагонро поймол мекунанд. Яке аз роњу усулњои асосї ва босамари маърифатнокї дар бахши њимояи њуќуќњои истеъмолкунандагон, дар стандартњои давлатии таълим, наќша ва барномањои таълимии муассисањои таълимї (макотиби тањсилоти њамагонї, омўзишгоњу коллељњо, макотиби олї) пешбинї намудани таълиму тадриси курсњои дахлдор оид ба асосњои дониши матлуботї мањсуб мешавад. Дар љодаи маърифатнок кардани истеъмолкунандагон сањми иттињодияњои љамъиятии онњоро низ бояд зикр намуд. Иттињодияњои мазкур метавонанд ва муваззафанд корњои зиёдеро бањри баланд бардоштани сатњи маърифатнокї дар бахши њимояи њуќуќњои истеъмолкунандагон анљом дињанд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
ЗАНРО ШАВЊАРАШ КУШТ Ќурбоналї Рањмонов, истиќоматкунандаи шањри Бохтар ба куштори њамсараш Бибизиёдамоњ Муњсиддинова гунањкор дониста шуд 12 сол аз озодї мањрум гашт. Бино ба иттилои Хусрав Холдорзода, судяи Суди шањри Бохтар, њамсари Ќурбоналї Бибизиёдамоњ дар яке аз ошхонањои бозори ЉДММ «Њољї Шариф»-и шањри Бохтар пешхизмат шуда кор мекардааст. Ба гуфтаи Х. Холдорзода, њамсари Ќурбоналї гўё бо як марди бегона муносибати мањрамона доштааст. Судшаванда Ќурбоналї Рањмонов дар бозори ЉДММ “Њољї Шариф”-и шањри Бохтар ба мардикорї машѓул буд, - зикр кард судяи Суди шањри Бохтар. - Ду рўз пеш аз ин њодиса Ќурбоналї ба љойи кори њамсараш меояд. Ногоњ дар телефони мобилї аз номи Умед занги телефонї мешавад. Шавњар дарњол телефонро гирифта гўш ме-
кунад. Умед, ки дар бозори мазкур ба фурўши меваю сабзавот машѓул аст, аз Ќурбоналї саломатии њамсараш Бибизиёдамоњро пурсон мешавад. Сипас, Ќурбоналї аз њамсараш Бибизиёдамоњ шарњи алоќаро пурсон мешавад. Он замон миёни онњо муноќиша бармехезад. Ќурбоналї баъди бозгашт аз
кор ба ошёнаи дуюми бинои сохтмонаш нотамоми дењќонбозори ЉДММ “Њољї Шариф”, рў ба рўи ошхонаи кории њамсараш баромада, кору бори њамсарашро мушоњида мекунад. Пас аз дамидани субњи 22 июни соли равон ба ошхона даромада, об нўшидаасту аз дохили ошхона кордро гирифта, бо маќсади аз њаёт мањрум кардани њамсараш рафта, ба бадани Бибизиёдамоњ панљ корд задааст. Њамин тариќ, Хусрав Холдорзода, судяи Суди шањри Бохтар, њаракатњои ќасдона ва берањмонаи љиноятии Ќурбоналї Рањмоновро бо моддаи 104, ќисми 1-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон банду баст намуда, ўро ба муњлати 12 сол бо адо намудани љазо дар колонияњои низомаш пурзўр равонаи зиндон кард. Њасан АБДУРАЊИМЗОДА, “Хатлон”
Маросими савгандёдкунии
саркардагонии гурўњњои муташаккили љиноятии Хоруѓ, шуѓнон ва роштќалъа дар назди ќонун ТВ «Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи эълон намудани огоњии расмї ба саркардањои гурўњњои муташаккили љиноятии шањри Хоруѓ, ки дар назди ќонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли љиноятии худ изњори пушаймонї карда, аз он даст кашидаанд, дар таърихи 22-юми октябри соли 2018 барномањои махсус намоиш дода буданд. Бояд зикр кард, дар натиљаи фаъолияти якмоњаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба
Аёмбеков Толибек
Аловатшоев Амриддин
њолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурўњњои муташаккили љиноятии шањри Хоруѓ Аёмбеков Толибек Абдурањмонович, Мамадбоќиров Мамадбоќир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоњаётович, Шанбиев Мунаввар Наврўзбеккович ва сокинони алоњидаи шањри Хоруѓ ва дигар ноњияњои вилоят 201 адад силоњи оташфишон, аз љумла: 76 адад автомати Калашников, 3 адад пулемёти Калашни-
3
ХАТЛОН
Панљшанбе, 1 ноябри соли 2018, №40 (3177)
ков, 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитї, 40 адад таппонча, 13 адад карабин, 66 адад дигар намуди силоњ, 38 адад норинљак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти љангї ва 960 грамм маводњои тарканда мусодира карда шуд. Мутобиќи моддаи 14-уми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мањдуд кардани њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд танњо ба маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи асосњои сохтори конститутсионї,
амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоќи љомеа, сињатии ањолї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад. Тибќи моддаи 19-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти амнияти миллии Љумњурии Тољикистон» ва моддаи 11-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи милитсия» ба маќомотњои мазкур њуќуќ ва ваколат дода шудааст, ки њангоми гузаронидани чорабинињои вобаста ба огоњонї ва пешгирии љиноятњое, ки мувофиќи
ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба салоњияти маќомоти амнияти миллї ва ВКД Љумњурии Тољикистон мансубанд, шахсони воќеиро барои роњ надодан ба њаракатњои ѓайриќонунї расман огоњ кунанд. 22-юми октябри соли равон аз љониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ЉТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корњои дохилии ЉТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиќи ќонунгузории љорї саркардагони гурўњњои муташаккили љиноятии шањри Хоруѓ ва ноњияњои Шуѓнону Роштќалъа Аёмбеков Толибек Абдурањмонович, Мамадбоќиров Мамадбоќир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоњаётович, Шанбиев Мунаввар Наврўзбеккович, Раљабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоњидагї нисбати онњо огоњии расмї эълон карда шуд. Нисбати њар яки онњо Протоколи огоњии расмї тартиб дода шуд, ки он њамчун санади меъёрїњуќуќї эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоњии расмї шахсан имзо гузоштанд. Аз онњо ќотеона талаб карда шуд, ки ба амалњои љинояткорона ќатъан хотима бахшанд. Махсусан, минбаъд ба содир намудани љиноятњои зерин роњ надињанд: — ташкилу роњбарии гурўњњои муташаккили љиноятї, иттињоди љиноятї; — даъват ва љалби љавонон бо маќсади содир намудани бетартибињои оммавї, ѓасби биною иншооти давлатї; — ќасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк; — тањќири намояндаи њокимият; — авбошї, ќочоќи маводи мухаддир, силоњу аслиња; — гузаронидани љамъомадњои афро-
Мамадбоќиров Мамадбоќир
Мазоров Хурсанд
Мамадасламов Ёдгоршо
Раљабов Зоир
Шанбиев Мунаввар
ди љиноятпеша (сходка); — роњ надодан ба содир кардани њаракатњои ѓайриќонунї бар зидди амнияти давлату љомеа. Ба саркардагони гурўњњои муташаккили љиноятї мафњуми љиноятњои моддањои зерини Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки ба категорияи љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд: — 187- Ташкили иттињоди љиноятї (ташкилоти љиноятї); — 182- Ѓасби бино, иншоот, воситањои иттилоот ва алоќа; — 188- Бетартибињои оммавї; — 189- Барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї; — 195- Ѓайриќонунї соњиб шудан, ба дигарон додан, ба соњибияти каси дигар додан, нигоњ доштан, интиќол додан, гирифта гаштани силоњ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда ва воситањои таркиш; — 200- Муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъадор ё моддањои психотропї бо маќсади ба соњибияти каси дигар додан; — 201- Муносибати ѓайриќонунї бо воситањои нашъадор ё моддањои психотропї; — 237- Авбошї; — 255- Ќасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк; — 330-Тањќири намояндаи њокимият. Саркардагони гурўњњои муташаккили љиноятї як-як уњдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботњои дар огоњии расмї зикршуда ва содир намудани кирдорњои дар боло баёнгардида омодаанд, ки дар назди ќонун бо тамоми ќотеъият љавоб дињанд. Протоколњои огоњии расмии имзошуда замима мегарданд:
4
ХАТЛОН
Аз 16 то 18-уми октябри соли равон дар шањри Ќоњираи Љумњурии Арабии Миср конференсияи чањоруми Шўрои уламои дини љањон тањти унвони «Таљдиди фатво аз нигоњи илми назариявї ва амалї» баргузор шуд, ки дар он Њизби нањзатро ташкилоти террористї ва маблаѓгузори онро душмани инсонияту башарият хонданд. Конфронси байналмилалии Миср, ки бо љалби уламои љањони ислом баргузор гардид, ба тамоми љомеаи љањонї таъсири худро расонид. Ин конфронс бозгўи масоили рўз буда, дар радифи њайати намояндагони 73 кишвари љањон, аз он љумла Љумњурии Арабии Миср, Арабистони Саудї, Аморати Муттањидаи Араб, давлати Кувайт, Ќатар, Судон, Малайзия, Туркия, Алљазоир, Покистон, Ироќ, Федератсияи Россия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон, Озарбойљон, Љамоати мусулмонони Аврупо ва ѓайра, бо шумули донишмандони соњаи дин, пажўњишгарон, муфтињо, раисони кумитањои дин, намояндагони Љумњурии Тољикистон низ ширкати фаъолона доштанд. Боиси тазаккур аст, ки иштирокчии ин конфронси бонуфуз раиси Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон Саидмукаррам Абдуќодирзода бо суханони пурмуњтаво баромади хотирмону маќсаднок дошт. Саидмукаррам Абдуќодирзода бо шукргузорї аз давлати тинљу соњибистиќлоли хеш изњори фарањмандї намуда, аз сиёсати сулњљўёнаю хирадмандонаи Пешвои миллат ёдовар шуд. Ў вазъи Тољикистонро, ки дар марњилаи рушд ќарор дорад, ба некї муаррифї намуда, њамзамон изњори ташвиш кард, ки бархўрди фарњангу тамаддунњо дар њоли љањонишавї на њамеша ба Тољикистони
ТТЭ ЊНИ ЯКЕ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» МЕБОШАД соњибистиќлол таъсири мусбат мерасонад. Дар баромади худ С. Абдуќодирзода љиноятњову хиёнатњои ташкилоти террористию экстремистии Њизби нањзати исломиро шурўъ аз даст доштани ин ташкилоти террористї дар љанги бародаркуши шањрвандї дар Тољикистон баён дошт. «Дар солњои мављудияти Њизби нањзати исломї роњбарон, фаъолон ва аъзоёни ин ташкилоти терористї шурўъ аз ташкил кардани љанги бародаркуши шањрвандї дар Тољикистон 141 љинояти дорои характери эксремистї- террористиро содир намуда, љомеаи Тољикистонро бо кирдорњои хеш дар арсаи љањонї доѓдор намуданд», - афзуд С. Абдуќодирзода, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон. Дар идомаи суњбат аз таърих ва хусусияти љиноятњои содирнамудаи хоинони ватан ёдрас шуда, њар якеро бо маќсадњои нопокашон муаррифї намуд. Мавсуф ибрози ташвиш кард, ки дар давоми панљ соли ахир 75 нафар аъзои ТТЭ ЊНИ барои алоќамадї бо ташкилотњои террористии «Давлати исломї», «Њаракати исломии Ўзбекистон», «Алќоида», «Ансоруллоњ», «Њизби исломии Афѓонистон», «Њизб-ут-тањрир», «Љамоати Таблиѓ» ва «Гурўњи 24» дастгир ва аз озодї мањрум гардидаанд.
Илова бар ин, далели мушшахас мављуд аст, ки «Љамоати Ансуруллоњ» ќаноти њарбии ЊНИ буда, айни њол 521 нафар аъзоёни ТТЭ ЊНИ дар њайати гурўњњои терористии «Давлати исломї» ќарор доранд. Роњбари ТТЭ ЊНИ М.Кабирї бањри амалї намудани маќсадњои ѓаразноки худ бо Назарзода Абдуњалим Мирзо маслињати пешакї намуда, дар ќаламрави кишвар пинњонї беш аз 20 гурўњи хурди љиноятї ташкил намудаанд. Дар партави робитаи мунтазами М.Кабирї бо давлати Эрон санаи 02.09.2015 писари Кабирї –Тиллозода Руњуллоњ бо супориши бевоситаи ў маблаѓи 1 миллиону 200 њазор доллари амрикоиро барои амалї намудани ниятњои хоинонааш ба Њољї Њалим додааст. Њамин тариќ, наќшањои нопоку иѓвоангези Њољї Њалимро, ки дар мавриди задухўрд 14 нафар кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ба њалокат расонида шуда, оромии кишвар халалдор гардида буд, Саидмукаррам Абдуќодирзода ин мавзўъро бо исботу далелњои воќеї матрањ намуд. Кушта шудани 4 сайёњи хориљї низ санаи 29-уми июли соли 2018 идомаи њадафњои нопоки ЊНИ буд. Саидмукаррам Абдулќодирзода бо њисси баланди ватандориву равшанзамириаш, бо пуштибонї аз сиёсати роњбарияти олии кишвар аз ин минбар љомеаи љањониро бори дигар
Панљшанбе, 1 ноябри соли 2018, №40 (3177) огоњ намуд, ки ТТЭ ЊНИ барои устувории сулњу вањдати Тољикистони соњибистиќлол њељ манфиате надошта, балки чунин гурўњњои ифротї маќсад доранд, ки љихати ноором сохтани ин кишвари бињиштосо наќши иѓвоангези хешро гузоранд. Бо дарназардошти баррасии чунин мавзўи рўз намояндагони дигар давлатњо низ фаъолияти ТТЭ ЊНИ-ро мањкум намуданд. Муфтии собиќи давлати Миср, доктор Алї Љумъа зимни суханрониаш гуфтааст, ки ТТЭ ЊНИ яке аз дастпарварони «Ихвонул-муслимин» аст. Њадафашон ташкили бесарусомонї дар кишварњо мебошад. Дигар шахсиятњои бонуфузи ин конфронс суханони С.Абдуќодирзодаро пуштибонї намуда, барои мардуми шарифи Тољикистон саломативу тинљї, сулњу вањдати комилро таманно карданд. Бо назардошти баргузории чунин як њамоиши судманд мо - сокинони кишвар, бахусус ходимони динро лозим аст, бањри боз њам устувор нигоњ доштани сулњу суботи кишвар талош варзем. Кўшиш намоем, ки нафарони хиёнаткор натавонанд ба амалигардии маќсадњои нопокашон комёб шаванд. Имрўз, ки сиёсати давлатидории мо бо иќдомњои неку созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Чумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пойбарљост, албатта, имрўзу ояндаи дурахшон насиби мардуми шарифи Тољикистони соњибистиќлол хоњад буд. Усмоналї НУРОВ, сархатиби шањри Бохтар, муовини раиси Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон
Донишмандони ислом: «ТТЭ ЊНИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕРРОРИСТЇ ЭЪТИРОФ ГАРДАД» Муфтии Љумњурии Тољикистон Саидмукаррам Абдулќодирзода: «Аз њозирини конфронс дархост дорем, ки фатвоњои лозима содир карда, фаъолияти ТТЭ ЊНИ-ро дар саросари олам мањкум созанд. ТТЭ ЊНИ, ки аз идеологияи ихвонињои мансуб ба Саид Ќутб сарчашма мегирад, бояд дар саросари олам њамчун ташкилоти террористї шинохта шавад. Ин иќдом бино ба љаноятњоест, ки дар зарфи солњои охир аз љониби ин њизб анљом дода шудааст. Њодисаи террористии ахир дар Тољикистон пањлўи дигари мубориза бар зидди терроризмро ошкор намуд, ки доимо дар пасманзари ин тоифаи мардум ташкилотњои байналмилалї ба монанди Эрон меистанд». Муфтии собиќи сарзамини Миср, доктор Алї Љумъа: «Наљотёбї аз хатари терроризм, ки бар синаи ислом љањидааст, танњо бо роњи муноќишањои низоми фатво дар риштањои сиёсию умури кишвардорї, омўзиши омилњои фатво барои пойдории амну суботи љомеа ва пешгирии таъсири фатвоњои исломи сиёсї дар раванди пойдории сулњ амалї мегардад. Ин ташкилотњои экстремистиву террористї, ки бар асоси идеологияњои барѓалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоњанд аќидањои фалаљкунандаро дар байни љомеа пањн намоянд. Албатта, њадаф аз ин амали онњо бесарусомонии амнияти кишварњо буда, барои парокандагии онњо талош меварзанд. Мехоњанд кишварњоро порча – порча таќсим намуда, онњоро дар њоли
љангу кашмакашињои дохилї ќарор дињанд. Муборизаи нињодњои ќудратии Миср бар зидди чунин гурўњњои террористї, аз љумла ташкилоти “Ихвон -ул-муслимин” айнан њамон муборизаест, ки кишварњои олам аз он ранљ мебаранд. Махсусан дастпарвардњои “ихвон-улмуслимин”, ба монанди ТТЭ ЊНИ, ки шохаи ин ташкилот дар минтаќаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Байни ин ду ташкилоти террористї њамкории зич вуљуд дошта, дар давраи њукмронии ихвонињо вохўрии Муњаммад Мурсї бо роњбари ТТЭ ЊНИ Муњиддин Кабирї сурат гирифта буд. Раиси ташкилоти Тобаи шањри Абу Дабї ал-Њабиб Алї ал-Љафрї: «Мехоњам аз бефаъолиятии соњаи фатво ва бетаъсирии он ба мардум сухан кунам, ки сабаби фаъолшавии ташкилотњои тундгаро, ба монанди ташкилоти “Ихвонул-муслимин” ва ќанотњои террористии он шудааст. Љавонони пайрав аз њаракати “Ихвон-ул-муслимин”-и мисрї ва дигар кишварњои олам, бахусус дар Тољикистон ќурбонии бозињои сиёсї шудаанд. Аммо ин амал, шахсони фиребхўрда ва маѓрургардидаро њељ гоњ аз љавобгарї озод нахоњад кард ва зуд ё дер дар назди Худованди таъоло њисобот хоњанд дод. Мо бо саркардагони ташкилотњои террористї дар боби ченаки арзишњои исломї нофањмї дорем. Онњо бо даъвои љанг “дурўѓгўї”-ро барои худ мубоњ шуморида, зери шиори “љанг фиреб
аст” бо ањкоми шариати исломї бозї мекунанд. Бо ин ќоида ТТЭ ЊНИ фаъолияти худро пеш бурда, бо бањонаи татбиќи шариати исломї дар замини Худованд фасодро љорї менамояд». Вазири кумитаи дини Яман доктор Ањмад Аттия: «Пањншавии падидаи терроризм аз љоњилї сарчашма мегирад. Он фаъолиятњои террористие, ки аз љониби ТТЭ ЊНИ дар ваќтњои ахир содир гардидааст, таъкидгари пофишории ин тоифаи гумроњгардидагон мебошад, ки аз хориљи чорчўби фармудањои Ќуръони карим ва суннати пок амал намуда, мусалмонњоро тањти тањдиди доимї ќарор медињанд. Талаб дорам, ки як фазои муносибе барои таљрибаомўзї ва фаъолияти муфтињо бояд эљод намуд, то ба њадафи асосї, ки таблиѓи илм ва пешгирии тундгарої мебошад, расид».
муслимин” “дурўя” маънидод мешавад. Ихвонињо ва њаммаслакони осиёгии онњо – ТТЭ ЊНИ гирифтори касали “дурўѓгўйї” мебошанд. Ва ин падидаи нав барои онњо набуда, чунин амр њамеша наздашон њукми мубоњ дошт. Вале навгонї дар ин масъала марњилаи беморї бо касали “дурўѓ” аст. Ба пайравони ихвонињо пайѓоми худро фиристода, таъкид менамоям, ки агар онњо дурўѓро барои худ мубоњ шуморанд, дар ин масъалаи хеш озоданд, вале аз Муассисаи Азњари шариф дур бошанд. М.Мурсї ваќти дар сари ќудрат ќарор доштан ноком буд, пас чи гуна баъди аз даст додани давлат гўё муваффаќ мегардад».
Раиси ќисми омўзишњои стратегии Дабирхонаи муфтиёти Миср Ториќ Абу Њашима: «Имрўзњо масъалаи фатво яке аз омилњои муњимтарини гуфтумони динї ба шумор меравад. Ин амал танзимгари асосии умури њаёти љомеа мегардад. Оќибати фатвоњои бегона хатари воќеї доранд, зеро ин омил сабаби фаъолтар гардидани ташкилотњои тундгаро мегарданд».
Доктор Маљдї Ошур, мушовири академии муфтии Миср: «Тамоми ташкилотњои экстремистї, ба монанди ТТЭ ЊНИ ва дигар њаммаслакони онњо, ки аз љомаи “ихвонул-муслимин” берун омадаанд, бо тангназарї ва мухолифаташон аз навоварињои аср шуњрат пайдо намудаанд. Онњо амалњои ѓайриоддї ва гунањкоронаи худро њамчун “Боби иљтињод” мепиндоранд, бо вуљуди он ки њамаи он кардањо аз чорчўби шариат берун њастанд. Барои асоснок намудани амалњои пайравони худ, аз ќабили куштору ѓорату дуздї бо номи Ислом фатвоњои бегона содир мекунанд».
Дабири кулли Шўрои сарони уламо доктор Аббос Шумон: «Сифати ташкилоти “ихвонул-
Шайх Абдулатиф Дарён, муфтии Љумњурии Лубнон: «Манфиатгари асосии њолати
бетартибии судури фатво аз ноањлон танњо ташкилотњои террористї ва дар сархати онњо ташкилоти “ихвонул-муслимин” ва пайравони он мебошанд. Амалњои террористии ТТЭ ЊНИ – ќаноти осиёгии ихвонулмуслимин ба амалњои “Хавориљ”-и гумроњ монанд мебошанд. Зикр намудан лозим аст, ки “Хавориљ” тафсири гуфтањои Ќуръонро нодуруст фањмида, принсипи зўровариро барои расидан ба манфиатњои дунё истифода менамояд. Мо бояд амалњои онњоро мањкум сохта, дар пањлуи шахсоне, ки бо идеологияи тундгароии онњо мубориза мебаранд, ќарор гирем». Дабири кулли Академияи тадќиќоти исломї доктор Муњиддин Афифї: «Ташкилотњои террористии дар атрофи “дин” љамъгардида сабаби носуботии љомеањо мебошанд. Зеро онњо ба решаи сулњу суботи љомеањо латма мезананд. Онњо бо даъвои “љињод” даст ба куштору сўиќасду таркишу авбошї мезананд. Вале фарќ байни “љињод” ва “терроризм” равшан буда, амалњои хушунатомези бимдињандаро ба њељ ваљњ ба љињоди исломии шаръї нисбат додан мумкин нест. Љиноятњои террористии ТТЭ ЊНИ, «ДОИШ», «Алќоида» ва дигар ташкилотњои террористї зидди арзишњои волои њаёт, ки Ќуръони карим онњоро зикр намудааст, мебошанд. Ислом бо идеологияи сулњпарвару сулњхоњи худ танњо барои пањн намудани рањмату амну субот омадааст. ТТЭ ЊНИ ташкилоти террористї ва маблаѓгузори он душмани инсонияту башарият аст». «Хатлон»
Зан ва замин
БАРОЊАТ РОЊАТИ ЗИНДАГИРО АЗ ЗАМИН ДИДААСТ Барои як зан рўйи даст љон додани њамсари љавон ва бо ў видоъ гуфтан кори осон нест... Барои як зан дар 32-солагї танњо мондан ва бадбахт шудан осон нест... Барои як зан нигоњубину ба камол расонидани шаш кўдаки хурдсол ва дар батн тифли њафтум аз бахт мањрум шудан осон нест... Бояд гуфт, ки аз њамон садњо зани бевамондаи замони љанги шањрвандї якеаш бо њафт фарзанди ноболиѓ холаи Бароњат Ќурбонова аст, ки мардонавор бори гарони зиндагиро рўйи шонањояш кашонид ва ба роњати умр низ расид. Ибтидои пурмашаќќат Бароњат Ќурбонова, аз Љамоати дењоти “Ориён”-и ноњияи Кўшониён, занест, ки мардонавор њафт фарзандро бо мењнати њалол ба воя расонидааст. Барои ин зани танњо осон набуд, бахусус баъди љанги шањрвандї калон кардану хўронидану пўшонидани њафт фарзанди хурдсол. Њарчанд аз замони марги њамсари азизаш 28 сол сипарї гаштааст, аммо Бароњатхола бо алам ашк мерезаду аз он рўзњои шум ёд меорад: – Ман фасли пойизро дўст намедорам. Зеро охири моњи октябри соли 1992 њамсари бегуноњамро аз даст додаму бо њафт фарзанд танњо мондам. Њамсарам депутат буд ва дар маѓозаи љамоатамон низ кор мекард. Ў шомили ягон гурўњ набуд, дар њељ сангаре ќарор надошт, танњо дар фикри фарзандону ањли оила буд. Аммо ќурбони тири дайдуе гардид. Солњо мегузаранд. Ман соли оянда шастсола мешавам, аммо нигоњи пурњасрати њамсарам дар лањзањои охирини умраш њељ гоњ аз пеши назарам дур намешавад… Аз њамон рўз Бароњатхола пеши худ маќсад гузошт, ки фарзандонашро њамон гуна ба воя мерасонад, ки касе аз одобу ахлоќи онњо шикоят накунад ва онњо дар зиндагї аз чизе кам набошанд. Сад шукр мекунад, ки ба маќсадаш расид. Баъди таваллуди фарзанди њафтумаш, ки замони марги шавњар дар батнаш чањормоња буд, ба бозор баромад ва мевафурўшї кард. Мехост бењтарин хўрокро барои фарзандони ятимаш омода созад, то пай набаранд, ки падарашон нест. Аммо баъзан суолњои онњо маѓзу устухонашро сўрох мекард. - Рўзона ба бозор мерафтаму шабона њафт фарзандамро гирди дастурхон мешинонидаму онњоро насињат мекардам,- мегўяд Бароњат
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
салом медодему сипас ба пахтачинї шурўъ мекардем. Ман дар як рўз то 150 кило пахта мечидам. Бо зиёда аз бист Ифтихорнома ва чандин мукофот ќадрдонї шудаам. Њарчанд арўс будам ва ба мисли ман садњои дигар љавондухтарон ва гуларўсон аз кори замин шарм намедоштем. Њатто рўзе аз шавќи кор ман тўри арўсиамро даруни пахта фаромўш карда, ба хона баргаштам.
Ќурбонова. - Духтаронро њунар меомўзонидаму кору бори хонаро ба онњо таќсим мекардам. Писари калонї њамроњам буду дуи дигараш дар замини назди хона дењќонї мекарданд. - Њарчанд бароям мушкил буд ба воя расондани онњо, аммо аз касе то имрўз кўмак нахостам ва ягон нафар, на худию на бегона, ба ман дасти ёрї дароз накардаанд. Ягона нафаре, ки маро дарк мекарду ѓамхорам буд, падари бузургворам буд. Он кас барои ману фарзандонам ду гови љўшої оварданд ва тавсия доданд, ки њам фарзандонамро бо ѓизои ширї таъмин намояму њам боќимондаашро ба бозор бурда фурўшам. Дувумин сарчашмаи кўмаки Бароњат нафаќаи шавњари љавонмаргаш буд. Азбаски њамсараш депутат буд, то ба балоѓат расидани њафт фарзандаш Бароњат нафаќа мегирифт, ки он њам як миќдор пасандоз мешуд барои сару либоси фарзандони ятимаш. Арўси чилрўза - пахтачини пешсаф - Солњое, ки љавон будем, њама занону духтарони љавон ба пахтачинї мерафтем, - ќисса мекунад Бароњатхола. - Њамагї чил рўз њамчун наварўс дар хона будаму халос. Мо њар субњ якчанд арўс ќатор шуда тўри арўсї дар сар аввал
«Зањмат дар замин баракати зиндагии маро дањчанд намуд» - Баъди калон шудани фарзандон тасмим гирифтам, ки ба кори замин машѓул шавам, мегўяд Б. Ќурбонова. - Зиёда аз дањ сол мешавад, ки њамроњи фарзандон ба дењќонї машѓул њастем. Мо њамагї дањ сотих замини президентї ва панљ сотих замини наздињавлигиро барои њосил гирифтан истифода мекунему халос. Даромади бештарро аз парвариши помидор ба даст меорем. Аз њамин миќдор замине, ки дорем, солона то 80-90 њазор сомонї фоида ба даст меорем. Бояд бигўям, ки њамакаса кор мекунем. Ману фарзандон ва келинњо. Шабњои сарди зимистон бо њар нињоли помидор кор гирифтан кори сањлу осон нест. Аз њисоби даромади њосил мо тавонистем барои се писарам ќитъаи замин гирифтаю хона бисозем. Њарчанд фоида осон ба даст намеояд, вале ба хотири солу рўзњои гузаштаи фарзандони ятимам кўшиш мекунам, ки дар оянда зиндагиашон бењтару хубтар шавад. Мо на танњо худи помидорро мефўрўшем, балки афшураи помидор ва тухмашро алоњида хушк карда мефурўшем. Баъди чидани помидор барои хўроки чорво љуворимакка мекорем. Ваќте онро ѓун медорем, дар љояш кабудї мекорем, ки аввали фасли сармо барои фурўш тайёр мешавад. Аз худи кабудї ќариб то ду-се њазор сомонї фоида ба даст меорем. Баъдан турбча (редиска) мекорем, ки охири зимистон ва аввали бањор њосили онро низ ба бозор мебарем ва аз он њам фоидаи хуб ба даст меорем. «Њар кї ба замин рў биорад…» Имрўз шумораи занони босаводу соњибмаърифат, болаёќату соњибихтисос ва пешрафтаву фарњангї дар Тољикистон зиёд аст. Бонувони тољикро на танњо чун сиёсатмадори пуртаљриба, донишманди асил, табиби њозиќу устоди роњнамо, балки чун сарвари муваффаќу соњибкори саховатпеша ва кишоварзи пуркору
пухтакор низ мешиносанд, ки ин мояи ифтихори мо мебошад. Занони фаъолу кордонро барњаќ зевари миллати сарбаланди тољик меноманд, чун рушди кишвар аз њушмандии занон, тасмимгирии дурусти онњо дар оила ва љомеа ибтидо мегирад. - Дар ин кор аз Пешвои миллат, Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон бисёр хушнуд ва сипосгузор мебошам, - мегўяд Бароњатхола. - Чунки ў њамеша ѓамхор ва дастгири мо - занони мењнатдўст буда, бо дастуру њидоятњо ва ќабули ќарорњои рўзмарра барои бењтар гардидани сатњи зиндагиамон мусоидат мекунанд. Бале, Бароњатхола ба замин мењри зиёд дорад. Ў оѓўши муњаббаташро ба замин боз карда, рўз то шом кори дењќонї мекунад. Замин дар љавоби ин њама мењру муњаббат ў ва ањли оилаашро мехўронаду мепўшонад. - Боварї дорам, њар кї заминро дарк мекунаду аз сидќи дил ба кори дењќонї мепардозад, беподош намемонад, - афзуд Б. Ќурбонова. - Замин аз зар камие надорад. Замин инсонро ба мартабае бурдааст, ки њатто малоик талаби инсон шуданро кардаанд. Барои мисол, њазрати Идрис (а), ки ў низ ошиќи замин буд, ваќте ки дар замин кор мекард, тамоми фариштањо ба кори ў њасад мебурданд. Њатто ривоят аст, ки ќисме аз фариштањо мегуфтанд, агар мо низ инсон мешудем, ба мисли Идрис (а) дар замин кор мекардему нони њалол мехўрдем. Хуллас, њазрати Идрис (а) ошиќи замин буд ва замин ба ў ному нон ва зиндагии шоиста доду миёни мардум соњибэњтиром гашт. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њамеша дар Паёмњояшон таъкид мекунанд: «Њар кї ба замин рў биорад, замин ба ў ризќу рўзї медињаду хонаю дари обод». Ба ќавли Бароњатхола, мањз мењри зиёд доштан ба замин ва кишоварзї буд, ки давоми ин њама солњо пешаашро иваз накард. Кўшиш кард, то доираи фаъолияташро фарохтар гардонад. Бароњат Ќурбонова ва фарзандонаш њар як пораи заминро самарабахш истифода мебаранд, дар замин зањмату ранљ мекашанд ва барои бењбудии зиндагиашон ганљи хуб ба даст меоранд.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
«СОЃАРИ САЊБО» БА ЧОП РАСИД
Девони Мирзо Њайити Сањбо бо гузашти беш аз 90 сол аз васияти устод Садриддин Айнї, ки дар «Намунаи адабиёти тољик» таъкид намуда буд: «Сањбо соњибдевон аст. Номи ин пири ќурбонии роњи таљаддуд, инќилоб ва њаќгўйиро бо табъу нашр кардани девонаш, бо тарљумаи њолаш зинда кардан аз љумлаи вазифањои инќилобист», бори нахуст интишор гардид. Девони мазкур чанде пеш бо ибтикори донишманди тољик, профессор Њасани Муродиён дар нашриёти «Адиб»-и шањри Душанбе бо теъдоди 300 нусха рўйи чоп омад. Ѓазалиёту мухаммасоти дилангези пири ќурбонии роњи таљаддуд, инќилоб ва њаќгўї Мирзо Сањбо гувоњи табъи баланд ва њунари шоирии ўянд. Тавре ки профессор Њасани Муродиён дар муќаддимаи девони Сањбо менигорад, мундариљаи девони Сањбо хеле рангину бой буда, дар ѓазал, мухаммас ва мусаддасњои шоир риояи анъанањои таърихї баръало эњсос мешавад. «Забони ашъори Сањбо содаю равон, аз љињати услуб монанд ба сурудњои мардумист. Дар шеъри Сањбо таъсири Саъдї, Њофиз, Њасани Дењлавї, Осафї, Мавлоно Абдуррањмони Љомї, Алишери Навої, Абдуррањмони Мушфиќї, Љунайдуллоњи Њозиќ ва махсусан Мирзо Абдулќодири
Бедил равшан њис карда мешавад», - навиштааст Њ. Муродиён. Шоир Сањбо девонашро бо абёти Абдулмаъонї Бедил њусни оѓоз бахшидааст: Фитрати ањли хирад гўё бањори рањмат аст, Маънии рангин, бубин, аз баргу бори рањмат аст. «Сањбо марди олиљаноб, донишманд, хушмуомила, олињиммат, баландмарњамат, парњезкор, боаќл, дар шеъру байтшиносї бењамто, нозуктабиат, хушзењн буда, - таъкид менамояд Афзал-махдуми Пирмастї, - шеърњои бенињоят зебо, суханони бофасоњат ва девони мукаммал дорад. Шеърњои тољикї ва туркии ў фасоњату мазмуни баланд доранд ва дорои ќофияњои марѓубанд. Ин байтро ў бенињоят хуб гуфтааст: Гар барафтад акси рухсори нигори ман бар об, Метавон кардан тамошо гулъузори ман дар об». Мураттиби матн ва муаллифи дебочаи девони Сањбо Њасани Муродиён зимни суњбат бо рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки имрўз, ки Љумњурии Тољикистон ба истиќлолияти комили давлатї расидааст, иќдоми сариваќтист, ки «номи ин пири ќурбонии роњи таљаддуд, инќилоб ва њаќгўиро бо табъу нашр кардани девонаш» (ба таъбири устод Садриддин Айнї) аз нав зинда гардонем, 170-солагии зодрўзашро дар миќёси љумњурї таљлил намоем, оид ба рўзгори пурмољаро ва ашъори дилошўбаш пажўњишњои доманадор анљом дињем. Ваќти он расидааст, ки маркази Ќубодиён - шањраки Сањбо номида шавад, ё дастикам Коллељи омўзгории Ќубодиён ба номи ин шоири инќилобї ва адиби оташинсухан гузошта шавад. «Соѓари Сањбо», ки бори нахуст бо хати кириллї ба чоп расидааст, аз бахшњои «Ѓазалиёт», «Мусаддасот», «Ѓазалќасидањо», «Ќитъаот», «Мухаммасот» ва ашъори бо забони ўзбекї иншошудаи шоир иборат буда, барои адабиётшиносон, пажўњишгарон ва доираи васеи хонандагон пешкаш гардидааст. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон
ОБУНА БАРОИ СОЛИ 2019 Идома дорад Рўзномаи «Хатлон» иљрои ќарору дастур ва нишондодњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилоятро ба табъ мерасонад, њамчунин рўйдодњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии вилоятро ба таваљљуњи хонандагон омода месозад. Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён зикршуда гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта, 80 сомонї мебошад. ОБУНА ДАР ИДОРАИ РЎЗНОМА ТАРИЌИ НАЌДЇ ВА ЃАЙРИНАЌДЇ ЌАБУЛ КАРДА МЕШАВАД. Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: - шањри Бохтар, кўчаи Логинов-12 Филиали «Амонатбонк-42», шањри Бохтар С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон эътибор надорад
Шиносномаи техникии Маѓозаи №35 воќеъ дар дењаи Навди, љамоати дењоти ба номи Ќ Ѓиёсов, ки онро корхонаи давлатии фаръии «БАќайдгирии молу мулки ѓайриманќул»дар ноњияи Абдурањмони Љомї, тањти раќами №5496 аз 21. 07. 2001 ба шањрванд Орипов Обидходжа Комилович, њамчун моликияти шахси дар асоси шартномаи хариду фуруши Маѓозаи №35 аз 25. 10. 2001 №1Ш- 25 ба ќайд гирифтааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ТШТУ №269124, ки онро 12.о6.2001 МТМУ №19-и Ноњияи Ќўшониён ( Бохтар ) ба Урозов Ањлиддин Шералиевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №0141688, ки онро соли 2007 МТМУ №3-и ба номи Мирзо Турсунзода шањри Бохтар ба Мансуров Абдулло додааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Носирљон МАЪМУРЗОДА
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 31.10.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896