Skip to main content

Шумораи №38-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №38 (3274)

Сешанбе, 11 августи соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Боздиди Пешвои миллат аз боѓу токзори хољагињои дењќонии ноњияи Хуросон

5 август Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо сафари корї ба ноњияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд. Њадафи ин сафар шиносої аз рафти иљроиши Барномаи давлатии рушди соњаи боѓу токпарварї барои солњои 2016-2020, махсусан рушди боѓњои интенсивї, њолати нигоњубин ва нашъунамои дарахтон дар хољагињои дењќонї, татбиќи амалии супоришњои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминњои наздињавлигї, кишти такрорї, захираи зарурии маводи хўрокворї, таъсиси љойњои нави корї ва афзоиши истењсоли мањсулоти содиротї мебошад. Сафари кории Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон аз мавзеи Фахробод, ки бо талошњои пайвастаи Пешвои миллат ба як мавзеи зебову њосилхез табдил ёфтааст, оѓоз гардид. Дар ин љо нахуст Президенти мам-

лакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар боѓи интенсивии “Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат” бо навъњои бењтарини себњои содиротї шинос шуда, аз дарахтони нав ба њосиломадаи он себ чинданд. Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли 2016 дар мавзеи Фахробод Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ва раиси шањри Душанбе муњтарам Рустами Эмомалї дар майдони 360 гектар бо шинонидани дарахти себ ба бунёди боѓи интенсивии “Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат” оѓоз бахшида буданд. Баъди бунёди боѓи нави интенсивї дар ин мавзеъ беш аз 1000 нафар сокинони мавзеи Фахрободи ноњияи Хуросон соњиби кори доимї ва маоши хуб гардиданд. Мавриди зикр аст, ки солњои охир бо дастгирии Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар саросари кишвар заминњои солњо боз бекорхобидаи талу теппањо ба гардиши кишоварзї дароварда меша-

ванд, боѓњои нави интенсивї бунёд ва боѓоти куњна барќарор мегардад. Дар асоси њидоятњо ва маслињатњои муфиди Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон хољагидорон бо роњи обёрии ќатрагї заминњои ташналаби талу теппањоро шодоб карда, њосили фаровон парвариш ва аз њисоби содироти он даромади хуби иќтисодї мегиранд. Њамаи ин тадбирњо омили муњими таъсиси љойњои нави корї, таъмини амнияти озуќаворї ва афзоиши иќтидори содиротии мамлакат мегарданд. Имрўз зимни сафар Сарвари давлат бо њолати нашъунамои дарахтони боѓ, ки нав ба њосил даромадаанд, шинос шуда, бо боѓдорон суњбати самимї доир карданд. Дар боѓњои интенсивии хољагии фермерии “Асадулло” дар 226 гектар, аз љумла, 105 гектар боѓи интенсивї 32 навъи себњои ба содирот нигаронидашуда парвариш меёбад. Хољагї дар маљмўъ 931 гектар замин дорад, аз љумла 25 гектар нок,

103 гектар зардолу, 202 гектар ангур, 98 гектар бодом, 220 гектар себи бињї. Дар њамин љо, зимни сафари корї ва шиносої бо заминњо Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба боѓдорони Хољагии фермерии «Асадулло» супориш доданд, ки дар мавзеи дигари њамин хољагї дар майдони 150 гектар боѓи сиёњолуи содиротї бунёд намоянд. Мавриди зикр аст, ки аксари мевањои ин боѓњо, аз љумла себ, олуи сиёњ ва ангур ба содирот нигаронида шудааст ва мањсулот асосан ба шањрњои Федератсияи Россия фиристода мешавад. Комёбии худро боѓдорон аз њидоятњои неки Сарвари давлат медонанд. Зеро зимни њар як сафар Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба боѓдорон барои парваришу нигоњубини зарурии боѓњо, истифодаи самараноки сардхонањо ва содироти мањсулот маслињатњои муфид медињанд. Дар хољагии фермерии «Асадулло» барои беталаф нигоњ доштани меваљот се сардхона бо иќтидори 60 тонна бунёд карда шудааст. Имрўз низ зимни боздид аз ин хољагї Сарвари давлат ба боѓдорон барои истифодаи самараноки замин бањои арзанда дода, онњоро ба љамъоварии беталафи њосили парваришёфта, таъмини бозорњои истеъмолї бо меваю сабзавот ва полезї ва минтаќабоб кардани нињоли дарахтон њидоят карданд. Ноњияи Хуросон яке аз минтаќањои калони аграрии вилояти Хатлон мањсуб ёфта, дар ноњия ба њолати имрўза 3300 гектар боѓ мављуд аст, ки аз ин 800 гектар боѓи куњнаи барќароршуда мебошад. Дар асоси супориши Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар ноњия дар майдони 4112 гектар кишти такрорї гузаронида шудааст. Оянда дар майдони 200 гектар картошка шинонида мешавад. Майдони пахтаи ноњия 4350 гектарро ташкил медињад, ки нашъунамои хуб дорад. Кишти зироатњо дар майдони 2000 гектар заминњои наздињавлигї низ хуб ба роњ монда шудааст. Умед аст, ки сокинони мењнатќарини ноњияи Хуросон бо истифода аз боду њавои мусоид њосили парваришкардаи худро беталаф љамъоварї карда, ба бозорњои пойтахт ва дигар шањру ноњияњо мебароранд. www.president.tj

КМИР: Оид ба гузаронидани интихоботи Президенти мамлакат 68 њавзаи интихоботї таъсис ёфт Њафтуми августи соли равон дар шањри Душанбе љаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Љумњурии Тољикистон тањти раёсати раиси он Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид.

Интихобот 2020

Дар он љињати иљрои Ќарори якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тањти раќами 26 аз 6 августи соли равон, ки тибќи он интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст ва бо маќсади дар сатњи баланди ташкилию сиёсї баргузор намудани ин маъракаи муњими сиёсї лоињаи Наќшаи таќвимии чорабинињои асосї оид ба тайёрї ва гузаронидани интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон ва масъалаи таъсиси њавзањои интихоботї мавриди баррасї ќарор гирифта, тасдиќ карда шуданд. Тибќи Наќшаи таќвимї муњлати ташки-

ли њавза ва участкањои интихоботї, таъсиси комиссияњои онњо, пешбарї ва баќайдгирии номзадњо ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон ва дигар масъалањои ташкилї вобаста ба марњилањои љараёни интихобот пешбинї шудаанд. Инчунин, чорабинињои дар он дарљёфта хусусияти ташкилї ва иттилоотї дошта, дар муњлати муќарраркардаи ќонунгузорї амалї намудани онњо барои дар сатњи баланди ташкилию сиёсї, озод ва шаффофу демократї баргузор шудани интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон мусоидат мекунанд. Њамчунин, мутобиќи моддањои 8 ва 12-и Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон», бо ќарори КМИР дар љумњурї 68 њавзаи интихоботї оид ба интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон бо нишон додани њудуд ва шумораи пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, онњо номгузорї ва раќамгузорї карда шуданд. Дар ин бора аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї иттилоъ доданд. «Садои мардум»

Фармони ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатї, кормандони ташкилоту муассисањои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия Бо маќсади баланд бардоштани сатњи некуањволї ва таъмини њифзи иљтимоии ањолї, мутобиќи моддањои 147 ва 149 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, моддаи 36 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї», моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ва моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» фармон медињам: 1. Аз 1 сентябри соли 2020: - маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисањои соњањои маориф, илм, фарњанг, варзиш, њифзи иљтимої, соњањои воќеии иќтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисањое, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, инчунин ташкилоту муассисањое, ки музди мењнаташон ба музди мењнати хизматчиёни давлатї баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад; - маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисањои соњаи тандурустї, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавї барои њисоб намудани маоши вазифавии кормандони соњаи тандурустї ба маблаѓи 305 сомонї муќаррар карда шавад; - андозаи маоши заминавї њамчун асоси коэффитсиентњои тарифї барои хизматчиёни давлатии мансабњои маъмурии категорияњои олї, якум, дуюм, сеюм ва чоруми хизмати давлатии маќомоти идораи давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар њаљми 620 сомонї ва барои мансабњои маъмурии категорияњои панљум, шашум ва њафтуми хизмати давлатии маќомоти зикргардида дар њаљми 690 сомонї муќаррар карда шавад; маоши вазифавии мансабњои хизматчиёни граждании (кормандони њайати техникї ва хизматрасони) маќомоти идораи давлатї, маќомоти судї ва прокуратура, мудофиа, маќомоти њифзи њуќуќ, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад; маоши вазифавии (меъёрњои тарифии) хизматчиёни њарбї, њайати шахсии ќаторї ва роњбарикунандаи маќомоти корњои дохилї, прокуратура ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шавад; - маоши заминавї љињати њисоб намудани коэффитсиентњо барои рутбањои њарбии хизматчиёни њарбї ва махсуси кормандони маќомоти њифзи њуќуќ аз рутбаи ќаторї то лейтенант 690 сомонї ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 620 сомонї муќаррар карда шавад; - андозаи стипендияњои амалкунандаи донишљўён ва дигар намудњои стипендия (ба ѓайр аз стипендияњои президентї, курсантњои муассисањои олии њарбї ва Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад; - андозаи њадди аќали

нафаќа аз рўи синну сол, нафаќаи заминавї ва андозаи њадди нињоии нафаќаи мењнатї аз рўи синну сол 15 фоиз зиёд карда шуда, мутаносибан ба андозаи 207 сомонї ва 978 сомонї муќаррар карда шаванд; - андозаи нафаќањои мењнатии амалкунандаи нафаќагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хољагињои дењќонї), бе дарназардошти нафаќа барои хизматњои дарозмуддат ва хизматњои махсус дар назди Љумњурии Тољикистон, 15 фоизи њадди аќали нафаќаи мењнатї аз рўи синну сол зиёд карда шавад; - андозаи нафаќањои иљтимої аз рўи синну сол (ба ѓайр аз модароне, ки дањ фарзанд таваллуд намуда, онњоро то синни њаштсолагї тарбия намудаанд), кўдакони маъюби то 18-сола, дигар гурўњњои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоњубин ниёз дошта, ба онњо нафаќа дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќањои шањрвандони Љумњурии Тољикистон» таъйин шудааст, ба андозаи 50 фоизи њадди аќали нафаќањои мењнатї аз рўи синну сол зиёд карда шавад; - ќисми суѓуртавии нафаќаи нафаќањои суѓуртавии то 1 январи соли 2020 таъингардидаи нафаќагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хољагињои дењќонї), ба андозаи 8 фоиз индексатсия карда шавад. 2. Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї: амалигардонии фармони мазкурро дар соли 2020 аз њисоби маблаѓњои дар буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои маблаѓгузории фонди музди мењнат ва таъминоти нафаќа пешбинишуда, маблаѓњои баќияи озод, иљрои барзиёди даромади буљетњои љумњуриявї, мањаллї ва суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, инчунин аз њисоби сарфаи моддањои њимояшавандаи буљет, азнавтаќсимкунии дигар моддањои харољотї ва маблаѓњои махсуси ташкилоту муассисањои буљетї таъмин намоянд; - дар муњлати як моњ ќарорњои худро ба фармони мазкур мутобиќ намоянд; - њисобкунии музди миёнаи мењнатро барои пардохти рухсатињои мењнатї, кумакпулї дар ваќти аз кор рафтан, кумакпулї барои корношоямии муваќќатї ва дигар њолатњое, ки ба пардохти музди миёнаи мењнат алоќаманданд (ба ѓайр аз нафаќа), мутобиќи Тартиби њисоб кардани музди миёнаи мењнати корманд дар њамаи њолатњо (пардохти кафолатнок њангоми иљрои вазифањои давлатї ё љамъиятї, њангоми пардохти музди муњлати рухсатї, њангоми пардохти музди мењнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ѓайр аз музди миёнаи мењнат њангоми таъйин намудани нафаќа, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиќ шудааст, амалї намоянд. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ш. Душанбе, 4 августи соли 2020 №1580

Тасдиќи рамзи таљлили љашни 700-солагии шоири бузурги тољик Камоли Хуљандї Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рамзи таљлили љашни 700-солагии шоири бузурги тољик Камоли Хуљандиро интихоб карданд. Рамзи мазкур аз љониби Академияи мусаввирии Тољикистон, Иттифоќи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирї ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмњо дар бахши ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа мавриди баррасї ќарор гирифт. Рамзи 700-солагии Камоли Хуљандї доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат - сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таљассумгари Парчами давлатї мањсуб меёбанд. Дар гирди рамз бо забони тољикї «Камоли Хуљандї» навишта шуда, дар поёни он «700» бо раќам нишон дода шудааст. Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ љой гирифтааст. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 700-солагии Камоли Хуљандї, ки дар сомонаи Президенти Љумњурии Тољикистон (www.president.tj) љойгир шудааст, васеъ истифода намоянд.


2

ХАТЛОН

Мубориза бо коррупсия кори дастаљамъист

Дар толори маљлисии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вобаста ба пешгирї аз амалњои коррупсионї вохўрии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон доир шуд, ки дар он масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сардорони раёсатњои молияи шањру навоњии вилоят иштирок доштанд. Ќурбонзода Манучењр, нозири шуъбаи муќовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, дар назди љамъомадагон доир ба як ќатор ќонунњое, ки дар самти мубориза бар зидди коррупсия аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расидааст, баромад намуд. Таъкид рафт, ки маќсади њар як љомеа, њар як давлат ва роњбарияти сиёсии он ташкилу таъмини њаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халќу диёраш, сарсабзї ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалї мебошад. Вале барои ба ин њадафњои воло расидан ѓайриихтиёр монеањои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онњо кўшишњои дастаљамъонаи зиёде лозиманд. Зеро инсоният имрўз ба хатарњои нави глобалї, аз ќабили терроризм, экстремизм, пањншавии маводи мухаддир, буњрони љањонии молиявї ва

дигар хатарњои нав ба нав рў ба рў аст. Коррупсия низ дар љомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарњои зикршуда камтар нест ва ба онњо алоќамандии зич дорад. Дар љањони имрўза яке аз монеањои асосї дар роњи амалї гардонидани њуќуќу озодињои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллї, болоравии иќтисодиёт ва некуањволии иљтимоиро боз медорад, боварии шањрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедњои ояндаи љавононро барњам мезанад, табаќањои камбизоати ањолиро аз расидан ба рўзи нек мањрум мекунад. - Ба маќсади пешгирї ва барњам задани кирдорњои коррупсионї, - гуфт дар идомаи суханрониаш М. Ќурбонзода, - Конвенсияи Созмони Милали Муттањид аз 31 октябри соли 2003 ќарорњои дахлдор ќабул намудааст, ки аз рўйи он чорањои мушаххас бурда мешавад. Дар охири вохўрї масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баргузории чунин вохўрии судмандро ба маќсад мувофиќ арзиёбї намуда, ба намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон изњори сипос намуданд. Далер ШАРИПОВ, котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

Тўйи арўсї дар Чорбоѓ

Мардуми аз офати табиї зарардидаи ноњияи Хуросон тањти ѓамхорї ва дастгирињои давлату Њукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат ќарор гирифтаанд. Бо дастуру супоришњои Сарвари давлат ба онњо барои сохтмони хонаи истиќоматї замин људо гардид. Бунёди 67 хона дар дењаи навбунёди Чорбоѓ љараён дорад. Тавре ки сармеъмори ноњияи Хуросон Раљабмањмад Зарифов иттилоъ дод, аллакай 55 хона мавриди бањрабардорї ќарор гирифта, дар он сокинон бўрёкўбон карданд. Имрўзњо дар дигар хонањои навбунёд корњои андоваи дохили онњо идома доранд, дару тирезањоро рангубор мекунанд. Дар мањаллаи навбунёд, њамчунин, ду нављавон љашни арўсї доир намуданд. Оилаи Раљабовњо ба тозагї ба хонаи нав ворид шуда, фарзандашонро оиладор карданд. Бунгоњи тиббї низ болопўш гардида, сохтмончиён ба корњои дохили он машѓуланд. Дар инљо бунёди њаммом, сартарошхона, маркази савдо дар назар аст. Ќарор аст, ки 1,5 километр роњ мумфарш карда шавад ва барои таъмини сокинон бо оби нўшокї 18-то чоњ кананд. Сорбон Шерализода, кор-

шинос ва фаъоли љомеа изњор дошт, ки на дар њар давлат ба зарардидагони офати табиї чунин кумакњо мерасонанд. Агар бошад њам, дар чунин сатњ нест. Мардуми тољик хизматњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамалакат муњтарам Эмомалї Рањмонро њаргиз фаромўш намекунад. Тариќи расонањои хабарї њар як ташаббус ва ё кумакњои Пешвои миллатро мебинем, шоду масрур мегардем ва ифтихор мекунем, ки чунин роњбари раъиятпарвар дорем. Махсусан, дар чунин вазъияти ногувор, ки љањонро фарогир аст ва пањншавии бемории њамагири коронавирус ба Тољикистон њам омадааст, зарардидагони офатњои таббиї дар сатњи олї дастгирї меёбанд. Хонањои наву замонавї ба онњо таќдим мегардад. Њатто баъзеи онњо, ки шароити хуб надоштанд, акнун бо дастгирии Пешвои миллат дар хонањои замонавї истиќомат мекунанд. Воќеан љавонони имрўзро мебояд, ки ба пешравии соњањо, ободкориву созандагињо, ба давлати тинљу осоишта, ба чунин роњбар доштан, ба истиќлолияти комил ва сулњу вањдати саросарї шукрона кунанд. С. АЗИЗОВ

Сешанбе, 11 августи соли 2020, №38 (3274)

Аз сабабе, ки чанде пеш банда шакли вазнини бемории сироятии коронавирусро аз сар гузаронидам ва инчунин, аз сабабе, ки ваќтњои охир атрофи сабабњои пайдоиш ва густариши ин беморї, арзёбии тадбирњои давлатї дар пешгирии он ва тавонмандии низоми њифзи тандурустии кишвар маводи зиёд, аз љумла, матлабњои иѓвогарона аз хориљи кишвар ба нашр расидаанд ва маро чун табиб, ташкилотчии соњаи тандурустї ва педагог бетараф намонданд, зарур донистам, ки андешањои худро дар ин мавзўъњо пешкаш намоям. Нигоње ба сайри тањаввули пандемия Тавре њамагон огоњанд, нахустин њодисаи сироятёбї аз ин вирус дар таърихи 1 декабри соли 2019 дар вилояти Ухани Љумњурии Мардумии Чин ва нахустин мавриди сироят дар Аврупо дар санаи 4 феврали соли 2020 ба ќайд гирифта шуд. То 10-уми марти соли љорї доманаи эпидемия 14 кишвари љањонро фаро гирифт ва беш аз 118 њазор нафар одамон сироят ёфтанд, ки аз ин миќдор 4 њазор нафар вафот карданд. Дар натиља, Созмони љањонии тандурустї (СЉТ) аз 11-уми марти соли 2020 њолати вогирї ё пандемияи COVID-19ро дар сатњи љањонї эълон намуда, тамоми кишварњои дунёро ба муќовимат бо ин бемории њанўз ношинохта даъват кард. Тањдиди пандемияи коронавируси номаълум ва таљрибањои беморињои вогири асри ХХ, аз љумла зукоми испанї (1918– 1919) бо 500 млн нафар бемор ва 39,1 млн фавт, пневмонияи атипї (2002-2003) бо 8096 нафар гирифтор ва 774 нафар фавт (мутаносибан 7,83% ва 9,56%), синдроми шадиди роњи нафаси шарќиназдикї (2012–2015) бо 2494 бемор ва 858 нафар фавт (34,4%) ва ѓайра аз давлатњо таќозо менамуд, ки бо назардошти имкониятњои воќеии иќтисодї ва зарфияти низоми њифзи тандурустии худ дар ин самт тадбирњои муассири фаврї биандешанд. Стратегияњои пешгирифтаи нињодњои давлатї асосан ду навъи муборизаро пешбинї мекарданд: -якум, равиши стандартии зиддиэпидемї бар асоси стратегияи пешгирикунанда, ки аз тарафи аксари кишварњои соњиби иќтисодиёти пешрафта пазируфта шуд; -дуюм, варианти шведию белорусї, ки аз маљмўи тадбирњои мањдудсозии нарм иборат буда, ташаккули эњтимолии иммунитети љамъї ё популятсиониро пешбинї мекунад. Коршиносону тањлилгарон динамикаи пањншавии инфексияи коронавирусро шартан ба марњилаи чинї (декабри соли 2019 то январи соли 2020) ва давраи аврупої (аз 20 феврали соли 2020 то имрўз) таќсим мекунанд. Агар дар марњилаи чинї бо андешидани тадбирњои хеле муассир беморї дар муњлати кўтоње фурўкаш шуда бошад, аммо марњилаи аврупої ба вазъияти иљимоиву иќтисодии ин кишварњо зарбаи шадиде ворид кард, ки њолати давлатњои аврупої танњо дар миёнањои моњи июни соли љорї рў ба бењбудї оварданд. Дар баъзе кишварњо мављи дуюми ин бемории вогир ба ќайд гирифта шудааст ва имрўз бо назардошти омилњои зиёд пешбинии рушди вазъият номумкин мебошад. Тољикистон ва пандемияи COVID-19 Пандемияи коронавирус рўи равандњои иљтимоиву иќтисодї ва сиёсии кишварњои Осиёи Марказї низ таъсири љиддї гузошт. Табиист, ки њар як кишвари минтаќа бо назардошти сатњи тањдиди фарогирии эпидемия дар ќаламрави худ барои пешгирї ё мањдудсозии пањншавии он тадбирњои муассирро рўйи даст гирифт. Роњбарияти Љумњурии Тољикистон низ бо назардошти вазъи воќеии эпидемологї дар кишвар дар моњи феврали соли 2020 Ситоди љумњуриявии муќовимат ба пањншавии бемории коронавирусро таъсис дод. Илова бар ин, аз моњи феврали соли 2020 бо љалби кормандони соњаи тиб корњои тарѓиботиву иттилоърасонї ва огоњсозии ањолї аз усулњои њифозат аз сироятёбї аз ин бемории вогир ба роњ монда шуда, аз аввали моњи март барои баргузории чорабинињои оммавї мањдудиятњои муайян љорї гаштанд. Бемории вогири коронавирус ба Тољикистон нисбат ба кишварњои дигари минтаќа дертар расид. Ин њолат ќисман ба кам будани шумораи ањолии шањрњо ва сатњи глобализатсияи онњо низ вобастагї дошт. Бо вуљуди ин, бо назардошти суръати пањшавии бемории вогир дар љањон, бо ќарори њамоњангшудаи Ситоди љумњуриявї назорати бењдоштї, карантинї ва муњољиратї дар њамаи нуќтањои сарњадї пурзўр карда, дар гузаргоњњо, бунгоњњои тиббї ва карантинї таъсис дода шуданд.

Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии Љумњурии Тољикистон як ќатор чорабинињоро доир ба мањдудсозии робитањои њавої бо кишварњои дигар ва мустањкам кардани захирањои доруворї ва воситањои бењдоштиву гигиенї андешида, амалї намуд. Як ќатор муассисањои тиббї дар минтаќањо ва пойтахти кишвар барои ќабули афроди эњтимолан сироятёфта ва изолятсияи шахсони дар тамос ќарордошта муайян ва омода карда шуданд. Аз 20 марти соли 2020 робитањои њавоии байналмилалї пурра ќатъ карда шуд ва муоинаи суроѓавии шахсони гумонбар ба бемории коронавирус шурўъ гардид. Аз 30 апрели соли љорї дар кишвар 15 њодисаи сироятёбї бо коронавирус ошкор гардид ва ба таври расмї мављудияти ин бемории вогир эълон карда шуд. Дар њамин рўз дар љаласаи Њукумати кишвар Президенти

дар вилояти Суѓд њамлањои фитнаангезї мекунанд. Ман бо ташаббуси шахсии худ дар ин љашни бошукўњ ширкат доштам, шодиву хушбинии мардумро бо чашмони худ мушоњида кардам. Тасаввур намудан душвор буд, ки чї гуна метавонистем ин љашни миллиро, ки моњњо пеш аз зуњури коронавирус тарњрезї ва омодашуда буд, барњам занем. Дар чунин вазъият танќид ва шарњу тавзењоти иѓвогаронаи тадбирњои пешгирифта, аз хориљи кишвар, бешубња, бо маќсади фитнаандозї ва ба вуљуд овардани нооромї миёни ањолї ва беэътиборсозии кўшишњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар мубориза бо коронавирус роњандозї шуда буд. Аммо ваќт дурустии роњи интихобшударо собит намуд. Мутаассифона, мушоњида мешавад, ки бисёре аз одамон, њатто нафарони ботаљрибаву рўзгордида њангоми арзёбии вазъи коронавирус ва самаранокии тадбирњои роњандозишуда ба хулосањои содаю ѓайриилмї такя мекунанд. Бешубња, дар даврањои аввали омодагї ва амалисозии дастуру супоришњои Сарвари давлат шитобзадагї ва набудани тактикаи зарурї аз љониби баъзе сохторњои давлатї

ва низоми тандурстии онњоро ѓофилгир кард. То љое, ки то имрўз сабабњои сатњи баланди беморшавї ва вафоти одамон дар давлатњои пешрафтаи Аврупо, ИМА, Россия ва Эрон шарњи даќиќи худро наёфтааст. Бояд эътироф намуд, ки бо вуљуди ќарорњои пешгирикунандаи Ситоди љумњуриявї, дар кишвари мо низ дар марњилаи аввал Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва сохторњои он дар кори мубориза бо бемории вогири номаълум натавонистанд омодагии њаматарафаи тамоми сохторњои марбутаро ба њуљуми шиддатноки пандемия таъмин намоянд. Надонистани патогенези беморї, коди генетикї, ќонунмандии рушд ва набудани протоколњои ташхис (диагностика) ва муолиља, дар марњалаи аввал кори њайати кормандони тибро ба душворї мувољењ сохт. Дар масъалаи технологї, бењдоштї ва таъмини воситањои муњофизатї низ мушкилоти љиддї пеш омад. Бо вуљуди ин, кормандони тиб хусусиятњои рафтори ин бемории вогирро батадриљ аз худ карда, дар шароити душвортарин ба беморон ёрии тиббї расониданд. Бояд тазаккур дод, ки сохторњои тандурустии бисёре аз кишварњои

АРЗЁБИИ АВВАЛИЯИ РАВИШИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР ТОЉИКИСТОН Мушоњидаву мулоњизањои табиб Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои пурзўр кардани мубориза бо бемории коронавирус, махсусан доир ба риояи њатмии ќоидањои бењдоштиву гигиенї, дезинфексияи кўчаву мањаллањо, бурдани корњои ташвиќотиву тарѓиботї дар бобати огоњсозии мардум, дастуру супоришњои ќатъї доданд. Баъдан таътили тобистонаи донишљўёни мактабњои олї, ќатъи дарсу машѓулиятњо дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї ва кўдакистонњо, намозњои љамоат дар масљидњо ва ѓайра эълон карда шуд. Бо зиёд гардидани сироятёбї ба ин бемории вогир тадбирњои асосї барои муайян намудани беморон, ташхису муолиљаи онњо, људо нигањ доштани шахсони дар тамосбуда ва корњои шадиди бењдоштиву маърифатї пурзўр гардонида шуд. Мавќеи Роњбари давлат Тољикистон дар стратегияи мубориза бо бемории вогири коронавирус маљмўаи мањдудиятњои минималиеро, ки ба модели шведї-белорусї наздиктар буд, ќабул кард. Ин имкон дод, ки тадбирњои бењдоштиву гигиенї ва тиббї, њамзамон бо идомаи кору фаъолияти сохторњои асосї - соњаи кишоварзиву саноатї роњандозї шавад. Албатта, чунин тарзи амал вокуниши муѓризонаи баъзе доирањо, "фарзандон" ва "дўстон"-и Тољикистон дар хориљи кишварро ба амал овард, аммо, ба аќидаи камина, чунин мавќеъгирї барои кишвари мо дурусту хирадмандона буд ва он то дараљаи муайян пањншавии коронавирус ва воњимаву тањлукаи мардумро пешгирї намуда, пастравии иќтисодиётро нигањ дошт ва муњимтар аз он, имконият дод, ки соњањои кишоварзї ва истењсолї фаъолият намоянд. Бояд тазаккур дод, ки тибќи омори расмї дар 6 моњи соли 2020 маљмўи мањсулоти дохилї (ММД) дар кишвар 3,5% (солњои 2019 - 7,5%) зиёд гардид, њол он ки Хазинаи байналмилалии асъор коњиши иќтисодии Тољикистонро то 2% дар охири сол пешбинї карда буд. Дар чунин шароит мањсулоти саноатї 9,2% ва кишоварзї 8,2% афзоиш ёфт. Ба замми ин, бо тафовут аз сарварони бисёр кишварњо Президенти Љумњурии Тољикистон дар ин давраи мураккаб намунаи устувории шахсї нишон дода, бо боздид аз минтаќањои гуногуни кишвар ва мулоќот бо ањолї рўњияи воњима ва тањлукаро дар љомеа аз байн бурд. Дар ин замина, мутаассифона, то ба њол мухолифони давлати мо дар робита бо баргузории љашни Наврўз

љой доштанд. Аммо имрўз ба таври ќотеъ исбот шудааст, ки нишондодњои асосии самаранокии мубориза бо коронавирус дар марњалаи эпидемия муњлати паст кардани суръати њаррўзаи пањншавии бемории сирояткунанда дар кишвар баъд аз "таркиш" мебошад. Масалан, ин нишондињанда дар ављи эпидемия дар Эрон дар рўзи 13-ум, дар Арабистони Саудї дар рўзи 21ум, дар Аргентина дар рўзи 26ум, дар Русия дар рўзи 56-ум ба даст омад. Дар Тољикистон ављи эпидемия ба 13-уми май (103 бемор ва баъдан ба 211 бемор) ва оѓози коњиши афзоиши беморї ба 30 май рост омад. Яъне, дар 17 рўз мо ба камшавии суръати рушди беморї ноил гаштем, ки нишондињандаи самаранокии тадбирњои њамоњангшуда мебошад. Бояд гуфт, ки дар баъзе доирањои муайяни љомеаи мо фарњанги сиёсии номафњуме ташаккул ёфтааст, ки бо мањзи мушоњидаи нуќсону камбуде дар њаёти рўзмараи он бевосита ба Президенти кишвар ва Раиси Њукумат рабт дода мешавад, агарчи чунин бемасъулиятї аз љониби иљрокунандаи сатњи сеюм ва чањорум содир шуда бошад. Дар робита ба ин ќазия мехоњам чунин мисоли њаётиро оварам. Дар ИМА як шогирди банда кору зиндагї мекунад, ки ба таври мунтазам маро аз вазъи пандемияи акнун ќариб аз назорат хориљшудаи коронавирус дар он кишвар огоњ месозад. Масалан, њамсояи сиёњпўсти ў ба бемории коронавирус гирифтор шуда, пас аз ду њафта муолиља дар бемористон ба хона бармегардад. Беморхона њаќќи табобат ва хизмати тиббии ўро 400 њазор долари ИМА њисоб карда, ба вай харљнома ирсол медорад. Бечора пас аз чанд соати дарёфти ин санад аз сактаи дил (инсулт) вафот мекунад. Алњол хешовандон ва пайвандони ў роњбарияти беморхонаро ба додгоњ кашидаанд, ки ин дар он љо амали маъмулист. Агар баъзе "дўстон"-и мо чунин маълумоте дар даст медоштанд, дарњол њокимияти олиро ба садњо гуноњ айбдор менамуданд, чуноне, ки имрўз аз фољиаи инсонї њангома месозанд, ки "дар Тољикистон аз коронавирус 8 генерал, шоирон, духтурон ва ѓайра вафот карданд" ва ѓайра. Баъзе љанбањои тиббии масъала Пандемияи вогири коронавирус ва ташкили тадбирњо доир ба пешгирии он сатњи тавоноии системаи љории тандурустї ва њифзи сињатии оммаи аксари кишварњои љањонро ба таври равшан нишон дод. Ин беморї бо "рафтор"-и худ, пеш аз њама, кишварњои рушдёфта

љањон, аз љумла, кишварњои "радаи аввал", ноомодагии худро ба эпидемия ин миќёс нишон доданд. Дар умум, дар чунин марњилаи душвори зиндагии мардум, њампешагони ман рисолати худро бо шарофат ва салоњият ба љой оварданд. Мутаассифона, як зумра пизишкон ва кормандони сатњи миёнаи тиббї њангоми иљрои вазифа ќурбонии коронавирус шуданд. Ёдашон ба хайр. Меъёри муњимми дигари арзёбии динамикаи мубориза бо ин вогир ва самаранокии он миќдор ва афзоиши беморшавї ва вафоти одамон ба шумор меравад. Дар рўзи тањияи ин мавод шумораи умумии беморон дар љумњурї 6741 нафар, зиёдшавии њаррўза 40-50 бемор, фавт дар умум 56 нафар ва сатњи маргумир 0,83%-ро ташкил медод. Аз тањлили муќоисавї маълум шуд, ки дар миќёсї минтаќа дар кишвари мо сатњи сироятёбї аз коронавирус аз њама пасттар аст, зеро манзараи муќоисаи сатњи фавти беморон дар Тољикистон бо кишварњои дигар чунин мебошад: фоизи марг аз ин беморї дар Ќирѓизистон –1,32%, Ќазоќистон–0,56% ва Ўзбекистон–0,49% буда, дар кишварњои пешрафта ин нишондод аз 2,5% (Туркия) то 15% (Британия)-ро ташкил медињад. Албатта, бисёре аз муњаќќиќон низ мављудияти баъзе камбуду иштибоњњо дар омори беморон ва фавтидагонро инкор намекунанд. Мањз бо назардошти њолатњои ќаллобї дар атрофи омори ин нишондињандањо, Созмони љањонии тандурустї (СЉТ) ва ЮНИСЕФ тавсия медињанд, ки фаќат аз маълумоти манбаъњои расмї истифода карда шавад. Дар масъалаи пешгўйии дурнамои ин бемории вогир нуктањои муњимтарин омўзиши пурраи механизми инкишофи беморї, давомнокии иммунитети љавобї, сохтани дору (ваксина) ва имконияти ташаккули иммунитети љамъї мебошад. Аксарияти хулосањои илмии донишмандони амрикої, олмонї, британї ва чинї ба саволњои зерин чунин посухњои пешакї медињанд: 1.То ба имрўз беш аз шаш њазор навъи гуногуни коронавирус кашф шудааст ва чизе, ки боиси нигаронии асосноки табибон гаштааст, ин аст, ки суръати тањаввули он рўзе то ба сад намуд мерасад. Ин њолат тањияи протоколњои табобат ва ташхиси бемориро хеле душвор кардааст. 2.Бо вуљуди ин ки олимони Россия доир ба иммунитети љамъї дар сатњи 26% ва табибони Алмаато дар сатњи 23% сухан мегўянд, вале муќаррар гардидааст, ки умедворї ба ташаккули

иммунитети љамъї шубњаовар аст. Пас аз тањќиќ ва омўзиши 3053 нафар бемор, дар Кореяи Љанубї 12 июли соли 2020 ѓайриимкон будани ташаккули иммунитети љамъиро расман эълон намуданд. Пажўњишгарони британї ва олмонї низ чунин мавќеъ доранд. 3.Тибќи манбаъњои зикршуда тўли иммунитети љавобї дар беморони коронавирус 3-3,5 моњро ташкил медињад. Илова бар ин, иммунитети дастаљамъї дар 6070% беморон ташаккул ёфта, пас аз се моњ он танњо дар 17% боќї мемонад. 4. Хулосањои боло водор месозанд, ки ба раванди сохтани дору (ваксина), ки ба "иммунитети табиї" аз коронавирус нигаронида шудааст, эњтиёткорона муносибат кунем. Барои дароз кардани иммунитети фаъол бояд ба коди генетикии вирус дахолат карда шавад, ки он кори оянда аст. Ба љойи хулоса Пандемияи COVID–19, ки дар охири соли 2019 дар Љумњурии Мардумии Чин пайдо шуд ва дар бањори соли 2020 ќариб ба тамоми минтаќањои љањон пањн гардид, барои низомњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии кишварњои љањон, хусусан соњаи тандурустии онњо, аз љумла, барои Тољикистон ба имтињони устуворї табдил шуд. Бо тафовут аз кишварњои дигар њангоми пандемия се кишвар (Шветсия, Белорус ва Тољикистон) сиёсати давлатии худро дар мубориза бо коронавирус дар шакли љорї накардани карантини сахт ва мањдудияти рафтуомади шањрвандон ва дар айни замон, риояти тадбирњои профилактикї муайян кардаанд. Агар дар кишвари Шветсия идеологи чунин сиёсат сардухтури сироятии он давлат Андерс Тегнелл, ки ба шахсияти маъруф табдил ёфтааст, бошад, дар кишвари мо чунин сиёсат зери роњбарии бевоситаи Президенти Љумњурии Тољикистон татбиќ гашт. Масъалаи мазкур њатто корношоямии нињодњои глобалї ва баръакси он, масъулиятшиносии баланди сохторњои миллиро нишон дод. Равиши Тољикистон нишон дод, ки дар шароити буњрони воќеї касбият ва масъулиятшиносї дар њамаи сатњњо назар ба љанбаи таблиѓотию идеологї маќоми њалкунанда ва асосї дорад. Мањз аз ин назар, дар натиљаи стратегияи дурусти мубориза, ки Президенти кишвар ва Њукумати мамалакат пеш гирифтанд, мардуми мо ба воњимаву тањлука наафтода, бо риояи аслњои сегона (бењдошти шахсї, истифодаи ниќоби тиббї ва фосилаи иљтимої) ва ќоидањои пешгирии эпидемия, низоми тандурустї зуд ба равиши дар аввал ноошнои мубориза бо коронавирус мутобиќ гардид ва имрўзњо мо тавонистем шиддати бемории пандемияро коњиш дода, вазъи устувори эпидемологиро таъмин намоем. Њамин тавр, дар натиљаи њамкории масъулонаи давлат ва мардум интизорињои мухолифини комёбињои давлат бароварда нашуд. Ба назари донишмандони аксари марказњои машњури љањон, пешгўии дурнамои инкишоф ва раванди ин вазъият њанўз номумкин аст, аммо башарият бояд ба њама гуна сенарияњои инкишофи он омода бошад. Бояд ногузир бо ин воќеият созиш кард, ки дар оянда бояд байни тадбирњои зиддиэпидемологї ва арзишњои зиндагонии рўзмара њамоњангии мавзун эљод шавад, зеро зиндагї бо коронавирус љузъе аз фарњанги нави њаёти љомеа хоњад буд. Яъне, дар вазъияти нав вазифањои тактикии танзиму давоми зиндагї таѓйир наёфтаанд, балки онњо дар шароити воќеиятњои шадидтар ва талошњо барои бартарии вазъ дар соњаи тандурустї ва бартарафсозии паёмадњои иќтисодии пандемия амалї мегарданд. Њамин тавр, барои ба эътидол омадани вазъияти эпидемологї, пешгирї аз воњимаю тањлука дар байни ањолї, роњ надодан ба буњрони иљтимоиву суќути иќтисодї, коњиши босуръати сатњи сироятёбї ва фавти инсонњо ва муттањид намудани зарфиятњо ва талошњо барои мубориза бо пандемия дар Тољикистон рафтори масъулиятшиносонаи шањрвандон ва њамкории муассири давлат ва мардум дар заминаи эътимоди баланди ањолї ба стратегияи пешгирифтаи Президенти Љумњурии Тољикистон наќши њалкунанда бозид. Дар чунин марњилаи барои таърих ва башар бисёр њассос, шубњае нест, ки чунин дастовард комёбии бузурги давлат ва мардуми Тољикистон ба њисоб меравад. Љ. Сангинов, профессор

Нуќтаи назар

Cуду зиёни шабакањои иљтимої дар тафаккури љавонон Дар баробари рушди технологияи муосир ва фаъолгардии воситањои алоќаи мобилї ва тавассути шабакањои интернетї пешрафт гардидани сомонањои иљтимої ба раванди љањонишавї ва омезиши тамаддунњо замина гузошта, дар њаёти мадании љомеа љойи китобу китобхона, театру кино ва дигар воситањои фарњангиро гирифта истодаааст. Пеш аз арзёбии матлаб андар мавзўи суду зиёни шабакањои иљтимої дар афкори љомеа, месазад аз василањои муњими воќифгардонию мафкурасозии љомеа дар асрњои 1920 ёдовар гардид. Дар ин ду садаи охир фарњанг муњимтарин воситаи ташаккули афкори љомеа ба њисоб рафта, санъати кино ва сањнањои театрикунонидашуда дар тарбияи маънавии љомеа наќши муассир доштанд. Насли калонсолони мо хуб дар хотир доранд, ки дар ањди собиќ Шўравї, аниќтараш то нимаи аввали солњои 1980-ум ягон номгўи филмњо, бахусус синамои хориљї, бидуни тамошои пешакї ва хулосабарории мутахассисони соњаи маънавиёти Вазорати фарњанг пешкаши мардум намегардид. Ин буд, ки то ибтидои соли 1980 сужањои хушунатомез ва њатто бўсобўсии наќшофаронро ба тамошои оммавї роњ намедоданд, ба ќавле ин лањзањо “ќайчї” мешуд. Танњо дар охири солњои 80-уми асри гузашта нахустин бусаи хориљї тавассути телевизиони

тарѓибгари сиёсатњои Кремл пешкаши њамагон гардид. Баъдан, дар охирњои солњои 1980-ум нахустин воситањои видеої ба ќаламрави кишвари абарќудрат роњ ёфт ва бо њамин хушунату зўроварї, куштору њисси шањватпарастии синамои хориљї ва дигар воситањои фарњангї сиёсати идеологии пешгирифтаи љомеаи сотсиалистиро барбод дод. Айни замон дар раванди љањонишавї дар тарбияи маънавию маърифатнокї, таъмини фазои иттилоотї ва мафкурасозии љомеаи тамоми кишварњои дунё аз китобу кино ва театр дида, интернет ва шабакањои иљтимої наќши зиёдтар доранд. Ба истиснои пиронсолон дигар ќишри наврасу љавонон љойи радиову телевизион ва матбуоти давриро ба сомонањои иљтимої иваз кардаанд. Чун дар њама давру замон аз рушду пешрафти воситањои технологияи муосир танњо љомеаи босавод ва сокинони дар рўњияи ватандўстию арљгузорї ба арзишњои миллату давлатдорї ба воярасида суди бештар мебинанд. Аммо наврасону љавонон ва дигар ќишри аз тањсилоти касбу њунаромўзї дар канормонда, истифодабарандагони осебпазири шабакањои иљтимої ба њисоб мераванд, ки на танњо ваќту маблаѓи худро дар шабакањои иљтимої бењуда масраф менамоянд, балки худ низ фирефтаи њуљумњои идеологии гурўњњои ифротгарову

террористї гардида, њаёти худро барбоду хушбахтињои ањли хонаводањояшонро барњам мезананд. Инчунин, мисолњо зиёданд, ки падару модарон ба умеди он ки фарзандон пайи тањсилоти олї ё фаъолиятњои муздноканд, вале рўзе хабари шомили ину он гурўњњои ифротгаро шудани онњоро шунида, дунё пеши чашмашон тира мегардад. Ё худ баъзе љавонони бекору аз тањсил дар канормондае, ки аз саргањи мањалли зисташон фаротар по нагузоштаанд, тариќи робитањои мобилї фирефтаи гурўњњои террористї шуда, њаёти орому осудаи худро барбод медињанд. Солњои охир дар баробари нашри афкори фиребову манќуртсозии насли љавон аз љониби душманоне, ки дар хориљ аз кишвар камин гирифтаанд, инчунин, тарѓиби кирдорњои зишту пањн намудани алфози ќабењ ва дигар амалњои номатлуб тавассути шабакањои интернетї мояи нигаронии љомеаи маданї гардидааст. Дар њоле ки ќисмате аз љомеаи донишманду мадании љањон технологияи муосирро ба маќсади ташаккули зењнияту рушду тараќќиёти кишвари худ истифода намояд, боз њам афроди асолатбохтае бо истифода аз ин имкониятњо аз оѓўши макри хољагони хориљиаш истода, нисбат ба фарњангу маданияти мардумони як кишвар ва афроди алоњидаи он њар чї хоњад, мегўяд. Албатта, дар мавриди њифзи амнияти иттилоотї ва пешгирї

аз таблиѓи фарњанги бегонаву ахбору идеологияи фитнаангез дар тамоми кишварњои олам чорањои мушаххас дида мешаванд, вале муњимтарин роњи пешгирї аз ифротгарої ва њифзи тафаккури љомеа аз терроризми идеологї ин иттињоду њамбастагии ќишрњои фаъоли кишвар мебошад. Њамзамон, коршиносону мутахассисони соњаи технологияи коммуникатсионї ва дигар бахшњои соњаи маънавиётро мебояд, ки бањри рушду ривољи сомонањои фарњангї- иттилоотї ва илмию таљрибавї ва расонањои гуногуни хизматрасонии интернетї тадбирњои иловагї андешида, дар таъмини фазои виртуалї бо маводу иттилоот бо забони тољикї имкониятњои зиёдтар фароњам оваранд. Аз сўи дигар, барои рањнамоии насли љавон бобати истифодаи оќилона аз технологияи пешрафта, бахусус сомонањои интернетї, кори таълиму тарбияро аз сатњи оила ва мактабу муассисањои олии таълимї ба роњ бояд монд. Чун оила сарчашмаи тарбият ва мактабу дарси технологияи иттилоотї муњимтарин марњилаи њидояти насли љавонон ба илму донишандўзї ва худсозию ояндасозињои дурахшон арзёбї гардида, мањз дар њамин овон метавон насли ояндаи миллатро тавре тарбияву ба воя расонид, ки интернетро бо маќсади аз бар намудани илму ташаккули зењният, рушди истеъдоду равзанаи бозёфтњои судманде истифода намуда, дар пешрафту тараќќиёт ва бењбудии њаёту саодати инсоният сањми худро гузоранд. Љ. САЙФИДДИНОВ

Панљ. Таваљљуњ ба рушди боѓпарварї Дар доираи амалисозии Барномаи рушди боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020 дар ноњияи Панљ 600 гектар боѓу токзорњои нав бунёд карда шудааст. То ба имрўз майдони умумии боѓу токзорњои ноњия 863 гектарро ташкил медињад, ки аз ин 25 гектар боѓњои ангур ва 2 гектар боѓи интенсивї мебошад. Бо дарназардошти ањамияти рушди соњаи боѓу токпарварї хољагидорони ноњия саъй доранд, ки масоњати боѓистони мевањои

гуногунро зиёд намуда, ба ин васила дар таъмини сокинони кишвар бо мевањои тарутоза ва њамчунин, афзоиши њаљми содироти меваљот ба хориљи кишвар сањми худро гузоранд. Мавриди зикр аст, ки дар мавсими корњои ободонї ва сабзу зебогардонї имсол зиёда аз 20 њазору 400 бех дарахт шинонида шуд, ки аз ин 2 њазору 300 бех дарахтони мевадињанда, 4,1 њазор бех дарахтони ороишї, 6 њазор дарахтони њамешасабз ва 10,3 њазор бехро дарахтони сояафкан

ташкил медињанд. Њамчунин, бо маќсади рушди соњаи пиллапарварї соли љорї аз љониби кишоварзони ноњия беш аз 5 њазор бех нињоли тут шинонида шудааст. Бо вуљуди њамаи кўшишњо дар самти рушди соња тањлилњои оморї нишон медињанд, дар нимсолаи аввали соли љорї њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї дар ноњияи Панљ ба 274 миллиону 400 њазор сомонї расонида шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 900 њазор сомонї кам мебошад.

Ќубодиён. афзоиши истењсоли мањсулоти кишоварзї Дурнамои содироти мањсулоти кишоварзии ноњияи Ќубодиён дар нимсолаи аввали соли љорї 102,3% иљро гардида, дар ин давра 5004 тонна пиёз ва 60 тонна олу ба кишварњои Ќазоќистону Россия содирот гардид. Айни замон боѓпарварони ноњия ва масъулони хољагии љангали ноњия бо љалби мутахассисон аз вилояти Суѓд ба хушк намудани меваљот

машѓуланд. Ин имкон медињад, ки давоми сол њаљми содироти меваи хушкро ба хориљи кишвар зиёд намоянд. Тибќи нишондодњои оморї дар шаш моњи аввали соли 2020 њаљми умумии мањсулоти кишоварзї дар њама шаклњои хољагидории ноњияи 322,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин 107,1 дарсади наќшаи пешбинигардида ме-

бошад. Дар ин давра 15,5 њазор тонна ѓалладонагињо, 3,7 њазор тонна картошка, 45,2 њазор тонна сабзавот, 15,9 њазор тонна мањсулоти полезї, 3300 тонна мевагї, 759 тонна ангур ва ѓайра истењсол гардидааст. Соли љорї бо маќсади зиёд намудани масоњати боѓу токзорњои ноњия аз њисоби заминњои партови аз гардиши кишоварзї берунмонда,

талу теппањо ва дигар гурўњи заминњои ѓайрикишоварзї соњибкорони мањаллї љалб гардидаанд. Танњо дар мавсими имсолаи нињолшинонї дар њудуди ноњияи Ќубодиён 17500 бех нињолњои сояафкану ороишї ва њамешасабз, 197,1 њазор бех гулу гулбуттањо шинонида шуда, майдони 62 њазор метри мураббаъ сабзу зебо карда шудааст.

Шањритуз. Натиљањои рушди иќтисодї-иљтимої Ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Шањритуз бунёди 347 ва бо наќшаи иловагї 365 бинову иншооти гуногуни хизматрасонї сохта, ба истифода дода мешавад. 260 иншооти гуногуни иќтисодию иљтимої мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Тибќи Барномаи давлатии рушди иќтисодию иљтимоии ноњия дар солњои

3

ХАТЛОН

Сешанбе, 11 августи соли 2020, №38 (3274)

2019-2020 амалигардонии 104 лоињањои гуногун пешбинї шудааст, ки маблаѓи умумии онњо 57 миллиону 783 њазор сомониро ташкил медињад. То љамъбасти шашмоњаи аввали соли 2020-ум 53- тои онњо амалї гардидаанд, ки маблаѓи умумии онњо 28 миллиону 846 сомониро дар бар мегирад. Дар ноњияи Шањритуз 24 корхонаи саноатї арзи вуљуд дорад, ки дар нимсолаи аввали соли љорї дар њаљми 68

миллиону 743,1 њазор сомонї мањсулот истењсол намудаанд. Новобаста ба мушкилу мањдудиятњои иќтисодию иљтимої вобаста ба хуруљи бемории COVID-19 њаљми истењсоли мањсулоти саноатї нисбат ба њамин давраи соли гузашта 3 миллион 285 њазору 800 сомонї зиёд аст.

ОТАШНИШОНЊО РИСОЛАТИ ХУДРО САРБАЛАНДОНА ИЉРО МЕКУНАНД

Кормандони Хадамоти оташнишонии вилоят дар пешгирии њодисањои нохуши сўхтор, эмин нигоњ доштани молу ашёи шањрвандон, њифзи иншооти давлатию љамъиятї аз коми оташ наќши назаррас дошта, бо кўшишу талошњои шабонарўзї рисолати ба дўш доштаашонро содиќона иљро менамоянд. Боиси ифтихору сарфарозї ва шукргузорї аст, ки дар замони соњибистиќлолии кишвар бо таваљљуњ ва дастгирињои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон соњаи мазкур баробари дигаргунињои љиддї дар самти бењсозии заминањои моддиву техникї, инчунин бо кадрњои ихтисосманд таъмин гардидааст. Кормандони нињоди сўхторнишонї имрўз бо хислатњои бењтарини

сањмгузор дар ободонии дењот Эргаш Гумаев. Дар симои ин марди кор намунае аз кадрњои лаёќатманди ањди собиќ Шўравї ва идеали насли замони соњибистиќлолии кишвари азизамон таљассум меёбад, ки бо кору пайкори созандааш дар муњимтарин марњилаи ободонии ноњияи Вахш наќши басо муассир гузоштааст. Мењру самимияти беандоза бузургаш ба обу хоки диёр аст, ки дар овони пиронсолї њам саъю талош дорад сањми худро дар рушду ободонии мањал, пешрафти хољагии ќишлоќ ва фароњам овардани шароити бењтару њаёти дурахшони наслњои ояндаи ватан гузорад. Эргаш Гумаев 6-уми июли соли 1940 дар Љамоати дењоти «Зайнабобод»-и ноњияи имрўза Рўдакї чашм ба олами њастї кушодааст. Дар овони 15-солагии ў ањли оилаашон ба дењаи Озодии мењнати Љамоати дењоти «Оќ-газа»-и ноњияи Вахш кўчидаанд. Соли 1967 факултаи таърих ва њуќуќи Дошнишгоњи давлатии Тољикистонро хатм намуда, ба муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №37-и ноњияи Вахш ба кор меояд. Давоми 37 соли фаъолият дар муассисаи мазкур 18 сол сарварии онро ба уњда дошт. Дар ин миён бахши сиёсии Донишгоњи давлатии шањри Тошкандро хатм карда, фаъолияти мењнатии худро дар вазифањои гуногу-

ни роњбарикунандаи соњањои хољагии ќишлоќ идома дод. Бо мурури таљрибаи зиёди фаъолияти роњбариаш дар вазифањои гуногуни хољагии халќи ноњияи Вахш, дар шабу рўзи таљдиди хољагињои коллективї вай дар заминаи сањмияи ањли оилаашон хољагии дењќонии «Далхат»-ро таъсис медињад, ки роњбарии онро писараш Мансурбой ба зимма дорад. Падар, ки дар баробари пешаи омўзгорї дар соњаи кишоварзї низ собиќадор аст ва муваффаќиятњои зиёдро ба даст оварда буд, дар пешбурди фаъолияти хољагии оилавї ба фарзандон маслињатњои судманд медињад. Дарвоќеъ, саргузашти пандомўзу хотирањои њаётї, медалу ифтихорномањо ва туњфањои хотиравии аз зањмати њалол ба даст овардаи ин марди шариф барои фарзандону наберањо ва авлоди ояндаи ў мисли як бойгонии омўзанда арзиши бењад дорад. Обрўву эътибори зиёдаш миёни мардум буд, ки давоми фаъолиятњои мењнатї ду навбат вакили Маљлиси вакилони халќи ноњия ва панљ маротиба намояндаи мардум дар маљлисњои љамоавї буд. Аз њаёти якљоя бо њамсараш Хурсаной Гумаева соњиби 6 духтару панљ писар мебошанд. Соњиби 45 набераву як абера њаст. Бо амри таќдир баъди ба нафаќа баромадан зиёрати хонаи Худо

оид ба бемории сироятии коронавирус корњои иттилоотию фањмондадињї бурда шуда, аз тарафи маркази ташаккули тарзи њаёти солими ноњия ва шуъбаи Агентии шуѓли ањолї дар ноњия ниќобњои тиббию вараќањои иттилоотї таќсим карда шуд. -Бояд гуфт, ки ин 6-умин ярмаркаи љойњои холии корї ва вазифањои озод аст, ки дар

ноњия гузаронида шуд,- иттилоъ дод сардори шуъбаи Агентии шуѓли ањолї дар ноњияи Ёвон Абдулќосим Сатториён. -Дар натиљаи гузаронидани чорабинињои мушаххас дар шаш моњи соли љорї аз 1320 нафар мурољиаткунандагон 969 нафар ба ќайд гирифта шудааст, ки 508 нафарашон маќоми бекориро дороянд. Бо мусоидати шуъба

И. Њасанов

Љ. САЙФИДДИН

Макони касбу њунар

С. Љамолиддин, «Хатлон»

дар ин муддат 125 нафар курсњои касбомўзиро хатм намуда, 63 нафарашон бо љойи кор таъмин шуданд. Дар ярмаркањои баргузоргардида бошад, 95 нафар соњиби љойи кор шуданд. Њамчунин, 28 нафар аз рўи таъиноти корњои фардї ва 55 нафар аз рўи таъиноти корњои љамъиятї барои худ кор ёфтанд. -Аз тарафи шуъба ба ашхоси бекору ниёзманд, ки 133 нафар дар ќайданд, ба маблаѓи 50800 сомонї кумакпулї дода шудааст,- афзуд сардори шуъба. Бояд гуфт, ки љињати амалигардии њадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар дар ноњияи Ёвон ќадамњои боэътимод гузошта мешавад. Рушди соњаи саноат дар ноњия имкон фароњам меорад, ки солњои наздик шумораи бекорон дар минтаќа ба андозаи чашмрас коњиш ёбад.

насибаш гардид, ки барои амалї намудани ин маќсуди хеш солњо омодагї медид. Ба иќрори дил: Ба тавофи Каъба рафтам ба дарун рањам надоданд, Ки буруни дар чї кардї, ки даруни хона ойї. Ин марди накукору хайрандеш то сафари њаљ ва баъди бозгашт аз ин зиёратгоњи муќаддас њам корњои хайру накўкориро бањри дастгирии ниёзмандон, ободии дењу диёри аљдодї идома медињад. Ба њайси як фарди мењандўст дар пайравї аз иќдомњои неки созандагони ватан, сањмгузорї барои рушду пешрафти љомеа ва фароњам намудани њаёти шоиста барои фарзандону наслњои имрўзу ояндаи Тољикистонро рисолати худ дар зиндагї мешуморад.

Тайёрї ба соли нави хониш

ЁВОН. Бо љойи кор таъмин мешаванд Дар боѓи фарњангї-фароѓатии ноњияи Ёвон шуъбаи Агентии шуѓли ањолї дар ноњия ярмаркаи навбатии љойњои холии корї ва вазифањои озодро баргузор намуд. Дар оѓози чорабинї сардори шуъбаи Агентии шуѓли ањолии дар ноњиябуда Абдулќосим Сатториён оид ба њуќуќњои мењнатї ва кафолатњои иљтимоии шањрвандони корљў маълумоти мушаххас дода, ба иштирокчиёни чорабинї њуќуќу уњдадорињои њар нафар афроди бекорро фањмонд. Чорабинї бо иштироки намояндагони 14 ташкилоту муассиса бо пешнињоди 232 љойњои холии корї доир шуд. Дар ярмарка аз 331 нафар корљўён мурољиати 57 нафар ба ќайд гирифта шуд, ки аз онњо 16 нафар роњхати бо кортаъминшавї, 19 нафар роњхати касбомўзї ва 13 нафар роњнамоии касбї гирифтанд. Дар рафти ярмарка, инчунин

инсониву одоби баланди муошират, хайрхоњию одамдўстї барои аз коми оташ эмин нигоњ доштани амволи мардум хизмати софдилона анљом медињанд. Хизматњои содиќонаи кормандони ин нињоди хизматашон пурмасъулу душвор ва бошараф њамешагї тањти таваљљуњи давлату Њукумат ќарор дорад ва барои иљрои вазифаи муќаддасашон ѓамхорињо зоњир мегардад. Дар давоми 20 соли охир аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон барои љузъу томњои нињоди оташнишонии шањру ноњияњо 7 наќлиёти фаврї, 14 наќлиёти хизматї харидорї карда шуда, илова бар ин, бањри сариваќт хомўш намудани њодисањои сўхтор њамасола теъдоди зиёди таљњизоти оташнишонї дастрас карда мешавад, ки ин иќдом бањри пешрафти кори соња мусоидат намудааст. Бо боварї метавон гуфт, ки кормандони Хадамоти оташнишонї дар вилояти Хатлон оянда низ дар иљрои вазифањои худ, яъне пешгирї намудани њодисањои сўхтор, наљот додани одамон ва моликияти давлатию љамъиятї, њамеша масъулияти баланд эњсос намуда, мањорату малакаи касбии хешро баланд бардошта, ба халќу ватан содиќона хизмат менамоянд. Њ. ИСМАТ

Дар литсейи касбї-техникии саноатїкишоварзии ноњия ба соли хониши 2020-2021 њамаљониба тайёрї дидаанд. Аз як тараф, комиссияи ќабул њуљљатњои талабгорони касбу корњои гуногунро ќабул намояд, аз тарафи дигар, таъмири синфхонањову устохонањо, толори маљлисгоњ дар арафаи анљомёбист. Бинои таълимии №1, ки бомаш ќариб корношоям шуда буд, аз нав таъмир ва шиферпўш гардида, тирезањои фарсудаи ошхона бо намуди пластикї иваз гардид. Литсей аз рўи 7 ихтисос хоњишманд ќабул менамояд. То имрўз бештар хонандагон касби тракторчї–мошинисти хољагии ќишлоќро интихоб намуда, хоњишмандони касби кафшергари газї-барќї низ зиёд аст. Литсей аз њисоби хатмкардагони синфи 9-11 хоњишмандонро ќабул менамояд. Муддати 20

соли охир ба гурўњи дўзандагї 25- нафарї духтарон баъди хатми 9 шомил мегарданд. Дар соли хониши гузашта 26 нафар хатмкунандагони литсей ба воситаи Маркази тестї донишљўи донишкадањои љумњурї гаштанд, 2 нафари дигар бошад, ба мактабњои олии Федератсияи Россия дохил шуданд. Литсей хонандагони роњдуриро бо хобгоњ таъмин менамояд. Ба њамаи толибилмон хўроки якваќта ва ба онњое, ки дар хобгоњ зист мекунанд, се маротиба хўрок дода мешавад. Бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар назди литсей “Боѓи хатмкунандагони соли 2020” бунёд гардид, ки дар он бо ќувваи омўзгорону касбомўзон 400 бех гулу гулбутањо, инчунин, 50 бех арча шинонда шуд, ки айни замон хуб нашъунамо доранд. - Дар литсей 33 нафар омўзгорони маълумоти олї ва миёнаи махсусдошта ба толибилмон касб меомўзонанд. Имсол чор нафар омўзгорони љавон ба кор омаданд, - мегўяд директори литсейи касбї-техникии саноатїкишоварзии ноњия Мирзо Мирзоев. - Дар давоми 53 соли мављудияти худ литсей ба хољагии халќи љумњурї 12 њазор нафар мутахассисони соњибкасбро додааст ва ин анъана минбаъд давом дода мешавад. Зайнулобиддин Њусейнов, ноњияи Ёвон


4

ХАТЛОН

Маќоми дўстї дар ѓазали шоир Камоли Хуљандї дар ибтидои асри XIV дар шањри бостонии Хуљанд ба дунё омадааст. Тањсили ибтидоиашро дар шањрњои Хуљанд, Самарќанд, Бухоро гузаронида аз чандин орифону олимони машњури замонаш илмњои гуногунро аз бар кардааст. Камоли Хуљандї бештар ба эљоди шеъру шоирї раѓбат пайдо кунад. Ў нахустин ѓазалњояшро дар зодгоњаш сурурда, дар айни ављи камолоти эљодї сафари њаљ мекунад. Шоир њангоми бозгашт ба дасти яке аз хонњои муѓул, ки Тухтамишхон ном дошт, меафтад. Тухтамишхон шоирро ба Сарой бурда, барояш тамоми хушињои зиндагиро омода месозад. Шоир соњиби хона, хизматгор ва њам соњиби боѓ мешавад. Ваќте ки Темурланг шањри Саройро ба ихтиёри худ медарорад, шоир аз доми Тухтамишхон озод мегардад. Ў мехоњад аз фурсати муносиб истифода намуда, ба зодгоњаш баргардад, аммо Мироншоњ (писари Темур), ки њокими шањри Табрез буд, шоирро ба назди худ нигоњ медорад. Азбаски Шайх Камоли Хуљандї дар илми фиќњ ва эљоди ѓазал бењамто буд Мироншоњ муриди асосии ў мегардад. Обрў ва мартабаи ўро нисбати дигар шоирону олимон баланд мебардорад. Шоир дар ин шањр соњиби зану фарзанд мешавад ва ёру дўстони зиёде низ пайдо менамояд. Њатто њокимону сарватмандони шањри Табрез ба дониш ва истеъдоди баланди ѓазалсароии ў эътиќод намуда, пайваста дар суњбаташ менишастанд. Шоир умри дарози пурбаракат мебинад. Баъди хазон гаштани бањори умраш ўро дар Волиёнкўњ ба хонаи охираташ мегузоранд. Чунонки аз сарчашмањо аён мегардад, давраи кўдакию наврасї шоир њангоми тадрису тањсил дар мадрасањо ёру дўстони зиёд пайдо мекунад. Дар шањрњои Сарою Табрез бошад, аз давраи кўдакиву наврасиаш дида, бештар шогирдону дўстони вафодору мењрубон дар атрофи ў љамъ мешаванд. Онњо аз суханњои лаззатбахши шоир њаловат бурда, намехостанд, ки лањзае аз назди ў дур бошанд. Аз ин суњбату муносибати некбинонаи наздиконаш шоир болидарўњ гардида, базавќ меояд ва дар ин мавзўъ ѓазалњои зиёдеро эљод менамояд: Дўст медорад дилам љабру љафои дўстро, Дўсттар аз љону сар дарду балои дўстро. Шоир дар ин љо таъкид менамояд, ки дар озору ранљ ва сухани нољое, ки аз дўст содир мешавад, бояд шахс тањаммул пазирад. Њатто онро аз љон ва аз њар дарду алами ба сараш омада њам боло шуморад. Чунки дўсти њаќиќї айби дўстро ошкоро

ва бе ягон дурўѓи таънаомез баён месозад. Шоир сухани дўст ва муносибати некро аз њама чизи дунёї боло донистааст: Зањмати худ бо табиби муддаї хоњам намуд, То бисозад чора дарди бедавои дўстро. Он ранљу машаќќат ва мушкилии дар дил нињонбударо бо дўст бояд гуфт. Танњо дўсти њаќиќї чун табиби њозиќ метавонад ба дарди дўст расида,ўро аз њар гуна ранљурию душворињои ба ў рў ба рушуда рањої бахшад. Дўсти вафодор њамеша дар роњи хурсанд кардану чї гуна дўсташ аз ў розї буданро љустуљў мекунад. Кўшиш менамояд, ки ўро аз њар дарду бало халос намояду дўсташро ба маќсад расонад ва орзуњои дар дил доштаашро амалї созад. Дўстон бо њамдигар чунон муошират намоянд, ки њељ гоњ боиси озурдахотирї набошад. Маќсади дўст ранљонидани дўст нест. Балки дар орзуи шунидани сухани неку суњбати ширини якдигар аст: Дар њавои ў тавонад дод ошиќ сар ба бод, Лек натавонад нињод аз сар њавои дўстро. Шикастани ањду паймони ошиќу маъшуќ хеле гарон аст. Он азобу машаќќатњои бисёреро пеш меорад. Аммо барњам задани ањди бастаи дўстон аз он њам сахттар мебошад. Чунки дар баъзе њолатњо дўстон аз бањри њама чиз, њатто аз муњаббати ба маъшуќ доштаашон њам мегузаранд, аммо риштаи дўстиро канда наметавонанд ва барои он љонашонро ќурбон месозанд: Гар бадал кардї ба сад Фирдавс гарди кўйи дўст, Ройгон аз даст додї хоки пойи дўстро. Ањди бастаи дўстон ба монанди Фирдавсбоѓи љаннат (њамеша бањор) аст, ки он мудом меваи хушлаззат ба бор меоварад. Агар ѓамхорї, мењрубонї, дилсўзї ва шањомату манзалати дар наздат доштаи дўстро фаромўш кардию аз дил баровардї, ўро њамчун як чизи нодаркор аз худ дур месозї, обрў ва ранљњои кашидаашро бе ягон душворї ба бод медињї. Ба монанди шахсе, ки аз боѓи љаннат мањрумшуда аст, ўро дигар намеёбї. Њатто гарди хоки пойи ў низ насибат намегардад: Хоњї, ки дар назди дўстат ќадру ќимат ва мартабаи баланд дошта бошї ва ба боварии ў дарої, корњоеро ба анљом расон, ки писанди ў бошад

Сешанбе, 11 августи соли 2020, №38 (3274)

ва самар орад. Њар чизеро, ки ў мехоњад, ба сомон расон. Забонро поку аз суханњои бардурўѓ, њазарљўињои дилхарош нигоњ дор. Чунки бо ѓайбаткунї, худтаърифнамої ва гуфтани суханњои беасос њам дўстат ва њам наздиконат аз ту меранљанд. Бо душмани дўст низ набояд нишаст: Дўстњои њама олам бирўб аз дил Камол Пок бояд доштан хилватсаройи дўстро. Дар зиндагї бо ёру дўстони бисёре вомехўрем. Аммо онњо аз љињати гуфтор, рафтор, муносибат аз якдигар фарќ мекунанд. Як гурўњ аз дўстон нонї, забонї, ањдшикан, суханчин, фиребгар, фиребкор, бадрафтору бадгуфтор, бадсиришту бадтинад ва кинаљў мешаванд. Лекин гурўњи дигар покзабону покдил, ботадбир хайрхоњу эњсонкор, некбину нексиришт ва ба њам ёрирасонанд. Ќалби онњо барои якдигар чун оина софу беѓубор аст. Чунин љавонмардон гули сари сабади њар як љамъомаду маљлисанд. Танњо дар њамон њолат мо шахсеро дўсти њаќиќї мењисобем, ки ў аз хислатњои бад парњезкор бошад. Накугуфторию накурафториро пешаи худ намояд ва кинаву ниятњои бадро аз ќалбаш берун созад. Имрўз мавзўи маќоми дўст ва муносибатњои дўстї рўзмарра буда, ба он тамоми мардуми дунё ниёз доранд. Њељ як инсон намехоњад, ки зиндагии талху рўзгори нотинљро аз сар гузаронад. Њама дар орзуи оромию осоиштагї њастанд. Аммо бар хилофи ин андешањо, аксарият давлатњои љањонро тазодњои бардурўѓи сиёсии иттилоотию иртиботї фаро расидааст. Онњо ба воситаи расонањои хабарии интернет, шабакањои радиої ва дигар воситањои ахборї суханњои иѓвоангезона андохта, миёни мардум шўру ѓавѓо мебардоранд. Баъзе љавонони камсаводу кўтоњандеш ба боварии онњо даромада, аъзои чунин гурўњњо мешаванд ва аз миллату ватани худ дурї мељўянд. Чунин љавонон ба роњи хато рафта, дўсти љониро аз дўсти забонї фарќ карда наметавонанд. Дар хотир дошта бошанд, ки дўсти забонї шакарвор сухан гуфта, моро ба доми худ медарорад ва оњиста-оњиста ба оташи марг меандозанд. Дар чунин њолат суханони пандомези Пешвои миллат: “Мо њамеша њушёру зирак бошем!”-ро фаромўш накунему онро сармашќи зиндагї намоем. Шукри рўзгори осудаю ободии имрўзаро кунем, ки бо ташаббуси зањматњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба он ноил гардидаем. Намоз СОЛИЕВ, омўзгор аз шањри Левакант

Бонуе, ки 7 духтари мардсифат ба камол расондааст Ќурбонбї Сафарова ба синни 77 расида бошад њам, хеле бардаму ботароват менамоянд. Ўро мардуми ноњияи Ховалинг, медонанду мешиносанд ва аз зиндагии намунавиаш ибрат мегиранд. Ў бо шавњараш Амиралї Назаров зиндагии хушу босаодате гузаронидааст. Росташ, мебояд љавонони имрўза аз зиндагиномаи ин гуна оилањои хушбахт, намунавї ибрату панд, таљрибаи рузгор бигиранд.

Баробари оне ки 56 соли њаёташро апаи Ќурбонбї ба соњаи маориф бахшидааст, боз 7 нафар гулдухтари дигарро ба камолу љоњу љалол расондааст. Духтари калонї Сайёра омўзгори илми кимиё, Мавлуда воќеанигори матбуот, Нафиса директори МТМУ №1, Кимхобї табиб, Ибодат акушер - гинекологи варзида, айни замон сокини шањри Нйю-Йорки Амри-

ко, Хушрафтор омўзгори бахши таъриху њуќуќ (рўњаш шод бод), Валоят њуќуќшиносанд. Њамаи онњо дар коргоњу љойи зисташон обрўю манзалатеро соњиб шудаанд. Њар гоње онњо ба њавлии модар меоянд, он љо тўйхонаро мемонад. Хешу аќрабо, шиносу њамкорон ин кошонаро зеби дигар медињанд. Дигар аз њунарњои волои апаи Ќурбонбї ин чодар, кўрпаю

камзўлдўзии ўст. Ин духтањои ў беш аз 1000 нафар навхонадоронро хушбахт гардонидааст. Њоло њам ин пешаро идома медињад ва шогирдони зиёде низ дорад. Дар кўчањои зебоманзару ободони Ховалинг зане бардамона ќадам мезанад. Хурду бузург ба ў салом медињанд, эњтиром мегузоранд. Ин бонуи истеъдод, ќавиирода, олами сухану њунар Ќурбонбї Сафарова аст. Ин гуна бонувон сафою ширинї, оромию тинљї, сулњу саодати зиндагиянд. Нурулло Њасанов, рўзноманигор

Собиќадорони варзиш

Пањлавоне аз Ѓозималик Ноњияи Хуросон-минтаќаи афзалияти кўњсордошта, аз ањди аввал ба номи Ѓозималик шуњратёр аст. Мардуми ин мањал бо мењнати содиќона рўзгор мебаранд, бо лањни гуфтори ба худ хос фарќият доранд. Илова ба ин, дар ин водї дар њар давру замон љавонони ѓаюру нотарс, чусту чолок майдондорї карда, унвони пањлавониро гирифтаанд. Њатто, тибќи ривоят, њамин вожаи Ѓозималик аз номи ду бародари дар майдони гўштин бењамто ва ба ќавле пушташон заминро надида, Ѓозї ва Малик пайдо гардидааст. Ба њамин монанд, насли калонсол номи Суманпањлавон, Бекмуродпањлавон, Раљаббекпањлавон, Алимањмадпањлавон, Ќосимпањлавон, Неъматпањлавон, Табарпањлавонро, ки дар майдондорї мактаби худро пайдо кардаанд, хуб медонанд. Медонанд, ки ин нафарон дар мусобиќањои гуногуни љумњуриявию берун аз он майдондорї намуда, тањамтании худро нишон додаанду маъракаи гўштинро дар тўйњо зеби дигар бахшидаанд. Раљабалї Холов яке аз онњост, ки бо зўри ќувваи бозуи худ дар бисёр мусобиќаву маъракањо ба њарифони худ дастболо гашта, то ба дараљаи устодї расидааст. Ў њарчанд хатмкардаи факултаи

«ХАТЛОН»

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

физикаи Донишгоњи миллии Тољикистон аст, вале бештар ба гўштин шавќ пайдо дошту роњи минбаъдаи худро дар майдондорї пайваст. Устоди аввалини худро дар гўштини миллї бародараш Гулмањмад, дар донишгоњ бошад, Исроил Њайдаралиевро, ки ба ў аз гўштини тарзи классикї машќ медод, медонад. Раљабалипањлавон аз худ хотирањои зиёде дорад. Дар мавриди гўштингирї ва нозукиву мушкилоти давраву маъракањои милливу давлатї мегўяд, ки чун соли 1972 донишгоњро хатм кард, ўро ба хизмати њарбї фиристоданд. Таќдир ўро ба Германия мебарад. Давоми хизмат аз рўи гўштини тарзи озод дар мусобиќањои сатњи баланд, ки дар ќисмњои њарбии ин љо мегузаштанд, ширкат варзида, номи Иттињоди Шўравиро баланд мебардошт. Баъдан дар њайати тими яккачини Тољикистон, то ба нафаќабарої дар мусобиќањои зиёди гўштини тарзи озоду классикї ва миллї майдондорї намуда, бо чолокиву зўроварии худ дар дили мухлисон шодию нишот афрўхта, парчамбардорї ватани азиз буд. -Баъди танаффуси зиёд, соли 2010 тасоду-

фан бо њамтои худ Худойназар Боќиев, (падари љањонпањлавон Расул Боќиев), ки солњои љавонї дар як тим буданду дар мусобиќањо иштирок мекарданд, вомехўрад. - Боќиев толори варзишии худро доштааст. Таклиф кард, ки ба тамрин биёям. Собиќадорон дар он љо машќ мекардаанд. Розї шудам. Инак, дањ сол мешавад, њамроњи як гурўњ собиќадорон дар ваќтњои муайян омада, машќ мекунем. Аз номи собиќадорони љумњурї дар мусобиќањои љумњуриявиву байналмилалї иштирок мекунем, - мегўяд Р. Холов. Шавќ рањбару ќувваю ќудрат азалї, ки буд дар ин муддат Раљабалипањлавон дар мусобиќањои гуногуни гўштин байни собиќадорон нишон дод, ки пањлавонї пирї надорад. Соли 2010 дар мусобиќаи љањонии собиќадорони варзиш дар Юнон, соли 2011 дар Марокаш ва соли 2019 дар Кипр ширкат варзида, љойњои дуюм ва сеюмро ба даст овардааст. Устоди варзиш, чемпиони Тољикистон Раљабалї Холов имсол аз 70-умин бањори умр гул мечинад. Солиму бардам, боќувват асту бо шодиву нишот рўзгор дорад. Ба љавонон тавсия медињад, ки њамеша ба варзиш машѓул бошанд. -Варзиш мактаби тарбияи бадан, љисму рўњ, саломатии инсон аст. Саломатї бошад, бењтарин неъмати худовандист, ки ба даст овардани он аз худи шахс вобастагї дорад,-мегўяд ин пањлавони ба сол бузургу бо азму ирода, шавќу завќи дар дилдошта љавон. Исматуллои Гули Олим

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї

озмун эълон менамояд № т/б

Номгўи мансаб

Мансуби кадом категория

Маоши мансабї

1.

Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилояти Хатлон

6

846

2.

Мутахассиси Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилояти Хатлон

7

696

3.

Сармутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањри Бохтар

5

984

4.

Сармутахассиси Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Шањритуз

5

936

5.

Сармутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї

5

936

6.

Сармутахассиси Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Кўшониён

5

936

7.

Сармутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Носири Хусрав

5

936

8.

Сармутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањри Левакант

5

984

9.

Мутахассиси пешбари бахши Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Носири Хусрав

6

768

10.

Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањри Бохтар

6

804

11.

Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Дўстї

6

768

12.

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Темурмалик

7

630

13.

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Панљ

7

630

14

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Ёвон

7

630

15

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Ховалинг

7

630

16

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї

7

630

Эзоњ: Ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали тарифї иловапулї изофа карда мешавад. суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Файзалї Саидов 3, телефон барои тамос: 2-76-20, 2-90-83, 900-27-00-05.

Таваљљуњ, Музояда!

Иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќул-бинои хизматрасонии тањти њабс ќарордошта, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти “Заргар”, дењаи А. Љомї, иборат аз ду ошёнаи болохонадор (мансар), маѓоза, нуќтаи таъмири мошинњо ва шустушўи мошинњо, ки масоњати умумии ќитъаи замини маѓоза ва нуќтаи шустушўи мошинњо 338,0 метри мураббаъро ташкил медињад, аз ин 290,0 метри мураббааш зери сохтмониро ташкил медињад, тањкурсиаш аз оњану бетон, деворњояш аз хишти пухта ва хишти хом бардошта шуда, бо тагхонањои буридашуда ва вараќањои новадори оњанин пўшонида шудааст, ки дар ошёнаи якуми бино маѓозаи хўрокворї, масоњаташ 54,40 метри мураббаъ, анбор масоњаташ 10,32 метри мураббаъ, анбор масоњаташ 4,62 метри мураббаъ, њаммом масоњаташ 7,61 метри мураббаъ, њаммом масоњаташ 7,63 метри мураббаъ, њаммом масоњаташ 7,89 метри мураббаъ, ошёнаи дуюм масоњаташ 94,21 метри мураббаъ, толори хўрокхўри масоњаташ 54,63 метри мураббаъ, њуљраи хўрокхўри масоњаташ 10,21 метри мураббаъ, анбор масоњаташ 10,63 метри мураббаъ, ошхона масоњаташ 136,20 метри мураббаъ, даромадгоњ масоњаташ 5,50 метри мураббаъ, соябон масоњаташ 14,85 мм, болохона (мансар) масоњаташ 66,00 мм, толори саќќобозї масоњаташ 66,00 мм, маѓозаи фурўши ќисмњои эњтиётии воситањои наќлиётї масоњаташ 22,0 мм, нуќтаи таъмири мошинњо масоњаташ 33,0 мм, соябон (нуќтаи шустушўи мошинњо) масоњаташ 101,0 мм иборат буда, дар савдои оммавї бо нархи 430000 (чорсаду сї њазор) сомонї, соати 09:00 як моњ баъд аз нашр музояда эълон менамоянд. Љойи баргузории музояда: бинои иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён, ќабули дархостњо то соати 10:00 барпо мегардад. Тел: 8 (32-45)2-10-99. 93-300-20-24.

Таваљљуњ: Музояда!

Иљрочиёни Хадамоти иљро дар Суди иќтисодии вилояти Хатлон барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќул-манзили истиќоматии ќарздор Абдувоњиди Абдуљалилзода, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки И. Сомонї, кўчаи М. Турсунзода, хонаи №14, иборат аз як манзили истиќоматї, масолењи сохтмониаш хишти хом, масоњати умумиаш 300 мм, сатњи умумии он 133,2 мм, сатњи истиќоматиаш 88,13 мм, њашт њуљраи истиќоматї, анљомхона, соябон, оѓилхона, соябон бо њуќуќи истифодабарии 445 метри квадратї, бо нархи 206586 (ду саду шаш њазору панљсаду њаштоду шаш) сомонї, 7 сентябри соли 2020 соати 10.00 музояда эълон менамояд. Љойи баргузории музояда: ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки И. Сомонї, кўчаи М. Турсунзода, хонаи №14. Хоњишмандон метавонанд барои аз назар гузаронии молу мулки зикршуда ба суроѓаи иљрочиёни Хадамоти иљро дар Суди иќтисодии вилоят: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон, њуљраи кории №34 ва барои гирифтани маълумоти иловагї бо телефони 8 (3222) 3-19-09 мурољиат намоянд.

САРРАЁСАТИ МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШЃОЛИ МАНСАБЊОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТЇ ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон: 1. Мутахассиси шуъбаи соњањои иќтисодї-1 љой. Маоши вазифавї 696 сомонї. Иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: шањри Бохтар, кўчаи А. Сино-3. Телефон барои тамос: 8 (3222)2-20-56. Муњлати ќабули њуљљатњо: баъди нашри эълон 21 рўз барои гузаронидани озмун муњлат дорад.

эътибор надорад

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0638170, ки онро соли 2013 МТМУ №3-и шањри Бохтар ба Сайпиев Алишер Равшанович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи игумшудаи №042383, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1992 МТМУ №3-и шањри Бохтар ба Ќаюмова Махбуба Уроковна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АБ №228276, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2002 МТМУ №12 ба номи Анварбек Њамидови шањри Бохтар ба Джапоров Уктам Мусулмонович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА № 011485, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1999 МТМУ №12 ба номи Анварбек Њамидови шањри Бохтар ба Акрамов Рањимљон Аслонович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АБ №128076, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 1992 МТМУ №12 ба номи Анварбек Њамидови шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) ба Заробекова Зебонисо Дамдорбековна додааст, эътибор надорад. Шартномаи хариду фурўши манзили зист бо суроѓаи шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа), кўчаи Кайњоннавардон 40 - 21, миёни ширкати истењсолии истифодабарии манзил тањти №1д-1248 аз 26.07.1991, ки ба шањрванд Ањмадљон Ализода тааллуќ дорад, дар идораи нотариалии давлатии вилояти Хатлон ба ќайд гирифта шудааст, бинобар сабаби гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Љамолиддин САЙФИДДИНОВ Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 11.08.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10200 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №38-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu