ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №38 (3175)
панљшанбе, 11 октябри соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Љойњои нави корї зиёд мешаванд аз љаласаи љамъбасти натиљањои соњањои иќтисодї ва иљтимоии вилоят дар нуњ моњи соли равон
7 рЎзи ХАТЛОН БАРЎЙХАТГИРИИ САНЉИШИИ АЊОЛЇ ДАР НОРАК Бо маќсади амалисозии лоињаи Барномаи барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили Љумњурии Тољикистон дар соли 2020 аз 10 то 24 октябр дар шањри Норак барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили санљишї баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар Тољикистон барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил пешбинї шудааст. «Тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, дар робита ба баргузории барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил дар љумњурї, имрўзњо як зумра корњо анљом дода шуданд. Аз љумла, аз 10 то 24 октябр баргузории барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили санљишї дар мањаллањои 64 ва 91-и шањри Душанбе ва шањри Норак дар назар аст»,- иброз намуд муовини директори Агентии омори назди
Президенти кишвар Ќиёмиддин Давлатзода. Бино ба гуфтаи ў, соли 2020 барўйхатгирии ањолї ба таври анъанавї, яъне назарсанљии «рў ба рў» баргузор мешавад. Дар љараёни барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили Љумњурии Тољикистон дар соли 2020 технологияи муосир ва беш аз 35 њазор барўйхатгирандагон истифода хоњанд шуд. Имрўз дар љумњурї њудуди 1,3 миллион хољагї мављуд аст, ки ба њар нафар барўйхатгиранда 400 хољагї рост меояд.
АФЗОИШИ ИСТЕЊСОЛИ МЕВАИ ХУШК Корхонаи истењсоли меваи хушк дар мавзеи «Чашмаи Нуќра»-и ноњияи Данѓара, ки бо технологияи нави замонавї муљањњаз мебошад, давоми як мавсим зиёда аз 500 тонна мањсулот тавлид мекунад.
Дар љаласаи љамъбастї, ки бо иштироки муовини аввал, муовинони раиси вилоят, масъулони шуъбаву бахшњои дастгоњи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, раисони шањру ноњияњо, роњбарони ташкилоту муассисањои вилоят ва шањру ноњияњо, раисони љамоатњои шањраку дењот, намояндагони маќомоти њифзи њуќуќ, маориф, тандурустї баргузор гардид. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода бо сухани ифтитоњї баромад намуда, њозиринро бо рўзномаи љаласа шинос намуд. Оид ба масъалаи матрањшуда муовини раиси вилоят Умедхољаи Зоир баромад намуда, њозиринро бо натиљањои бадастовардаи мењнаткашони вилоят дар давоми нуњ моњи сипаригардида шинос намуд. Аз баррасии маърўза аён гардид, ки дар ин давра наќшаи соњаи асосї ва зарурии давлат-ќисми даромади буљет ба андозаи 101,9 фоиз иљро гардидааст. Ин раќам нишони 14,8 миллион сомонї зиёд ба буљет ворид шудан аст, ки ин бозгўйи мењнати бурдборонаи кормандони соњањои гуногуни хољагии халќ, махсусан дењќонону саноатчиён аст. Барзиёд иљро гардидани ќисми даромади буљет, чуноне ки нотиќ ќайд намуд, ба сари ваќт пардохт намудани маоши кормандони соњањои буљетиву
нафаќапулї, кумакпулињо мусоидат намуда, њамзамон барои як ќатор корњои ободонї сарф гардидааст. Бо вуљуди ин, дар ќисми манотиќи вилоят, дар иљрои ќисми даромади буљет душворї ё ба иљро нарасидани намудњои алоњидаи андоз мушоњида мешавад. Дар шароити кунунї масъалаи басо муњим ва зарурї, ки онро Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пайваста таъкид месозанд, ташкили љойњои нави корї ва ба шуѓли доимї фаро гирифтани шањрвандон мебошад. Ба ин маќсад, дар давраи њисоботї 31485 љойи нави корї таъсис дода шудааст, ки ин гувоњи рушди соњањои мухталифи вилоят ва сањми соњибкорон дар бунёди корхонаву иншоотњои саноатї мебошад. Њамзамон 245 маротиба ярмаркањои љойњои холии корї гузаронида шудааст, ки дар натиља наздики 2500 нафар шањрвандон ба худ љойи кори доимї ёфтаанд. Дар умум 5300 нафар бо шуѓли гуногун фарогир шудаанд. Таваљљуњу дастгирињои давлату Њукумат ин сол аз сол баланд бардоштани музди мењнат аст. Ин масъала низ дар миќёси вилоят тадриљан њал мегардад. Чунончи, дар нуњмоњаи соли равон музди миёнаи мењнат 880,3 сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба
њамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз зиёд аст. Ин нишондињанда дар соњањои саноати истењсолї 1944,1 сомонї, саноати коркард 1394,3 сомонї, энергетика 1973,4 сомонї, сохтмон 1265,4 сомонї ва коммуналї 1009,1 сомониро ташкил медињад. Бино ба њисоботи муовини раиси вилоят дар ин давра дар соњаи савдо гардиши мол ба 3445,5 миллион сомонї расида, хизматрасонии пулакї 1340,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки он нисбати њамин давраи соли 2017 зиёд буда, аз зиндагии серу пури ањолї ва зиёд гардидани мањсулоти дохилї дарак медињад. Самти кишоварзї асоси дастовардњои мењнаткашони вилоят ба њисоб меравад. Ќисми зиёди мањсулоти мављударо кишоварзон истењсол менамоянд. Аз њисоботи баррасигардида низ ин маънї ба хубї аён гардид. Дар ин давра њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзон ба 8 миллиарду 629,0 миллион сомонї расидааст, ки нисбат ба њамин давраи соли пешин 66,2 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар њамаи бахшњои хољагидорї 703,0 њазор тонна ѓалладонагињо, 209,3 њазор тонна картошка, 1009,1 њазор тонна сабзавот, 426 њазор тонна полезї, 155,6 њазор тонна мева, 83,0 њазор тонна ангур, 72,6 њазор тонна гўшт, 275,3 њазор тонна шир, 52,4 миллион дона тухм,
554,6 тонна моњї истењсол шудааст, ки нисбати њамин давраи соли 2017 мутаносибан аз 1 то 34 фоиз зиёданд. Дурнамои асосї барои кишоварзон содироти мањсулот ба хориљи кишвар мебошад, ки ин нишондод низ барзиёд иљро гардидааст. То ин дам ба кишварњои дуру њамсоя 91,0 њазор тонна мањсулоти кишоварзї интиќол дода шудааст, ки ин анќариб 1,5 баробари наќша мебошад. -Маќсаду мароми давлату Њукумат гузаштан аз кишвари аграрї-саноатї ба мамлакати саноатї-аграрї мебошад. Бањри расидан ба ин маќсади наљиб, ки ба баландгардии пояи иќтисодии мамлакат мусоидат менамояд, дар вилояти мо корњои назаррас анљом дода мешаванд, - иброз дошт дар идомаи маърўза муовини раиси вилоят Умедхољаи Зоир. Маълум гардид, ки дар ин давра њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба 5 миллиарду 215,8 миллион сомонї расидааст, ки ин нисбати наќша ва нисбати њамин давраи соли 2017 зиёд аст. Дар давоми нуњ моњ 56 адад корхона ва коргоњњои нави саноатї бо таъсиси 874 љойи кори доимї ташкил карда шудааст. Дар вилоят 31 лоињаи давлатии сармоягузорї амалї шуда истодааст, ки маблаѓи азхудшуда 401,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад. Аз љониби
соњибкорони вилоят 44 лоињаи ќарзї ба маблаѓи 50,1 миллион сомонї тањия гардида, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорї ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соњибкории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон» пешнињод карда шуд, ки то ин дам нисбати иљрои онњо ба маблаѓи 87,6 миллион сомонї дастгирї ёфтааст. Сохтмон бањри ободонии мањал, иљро гардидани наќшаву ниятњои рушди кишвар њамќадами њаёт мебошад, ки дар ин роњ љидду љањди зиёд карда мешавад, -ќайд намуд дар идомаи маърўза нотиќ. Ба истифода дода шудани фондњои асосї ба маблаѓи 331,7 миллион сомонї, иљро гардидани корњои пудратї ба маблаѓи 569,5 миллион сомонї, корњои сохтмону васлкунї ба маблаѓи 1408,8 миллион сомонї, азхудкунии маблаѓњои асосї аз њамаи манбаъњо ба маблаѓи 2370,6 миллион сомонї гувоњи ин гуфтањост. Бино ба нишондодњои дар боло овардашуда, дар вилоят 160 адад бинову иншоот, аз љумла 11 муассисаи таълимї бо 2604 љойи нишаст, 8 корхона ва коргоњи саноатї, 1 неругоњи барќии обї, 77 маркази савдо ва дуконњои тиљоратї, 5 бунгоњи тиббї, 13 майдончаи варзишї, 1280 адад хонањои истиќоматї сохта ба истифода дода шудааст. (Давомаш дар сањ. 2)
Тавре ки аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия иттилоъ доданд, масоњати боѓоти «Чашмаи Нуќра» 412 гектар буда, дар он дарахтони мевањои хушмазаи диёр, аз љумла себ, зардолу, нок, гелос, бодом, ангур, чормаѓз, олуча, хуч, шафтолу, себи бињї парвариш меёбанд. Дар ин љо 230 нафар бо љойи кор ва маоши баланд таъмин мебошад. «Натиљаи зањмати масъулон аст, ки «Чашмаи Нуќра» ба яке аз мавзеъњои бењтарини боѓпарварї ва сайёњии кишвар табдил ёфтааст. Аз ин макон њамасола ба шањри Душанбе ва вилояти Суѓд садњо тонна мевањои шањдбор интиќол меёбад», - зикр кард манбаъ ва афзуд, ки як ќисми мањсулоти кишоварзии ноњияи Данѓара дар коргоњњои мањаллии истењсоли меваи хушк мавриди коркард ќарор гирифта, боќимондаи он барои таъмини бозорњо бо мањсулот дар давраи зимистону бањори пешорў дар сардхонаю анборњо, ки њаљми ѓунљоиши њар кадоми онњо зиёда аз 2 њазор тоннаро ташкил медињад, нигоњдорї мешавад.
«ЯКЉОЯ ЊАЛ МЕКУНЕМ!» Дар доираи аксияи Кумитаи иљроияи Њизби халќии демократии Тољикистон дар вилояти Хатлон тањти унвони “Якљоя њал мекунем!” дар њудуди Љамоати дењоти “Кўлоб”-и шањри Кўлоб бунёди фермаи парандапарварї бо тарњи муосир оѓоз гардид. Ин иќдом бо ибтикори узви фаъоли ЊХДТ, вакили Маљлиси вакилони халќи шањри Кўлоб, соњибкор Масиддиќ Одинаев роњандозї гардида, пас аз мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани ферма 60 нафар бо љойи кори доимї таъмин карда хоњанд шуд. Бо пайгирї аз сиё-
сати бунёдкоронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аъзои ЊХДТ ба сохтмони иморатњои гуногуни зебою боњашамат, роњу гулгаштњо дар тамоми шањру навоњии вилояти Хатлон љалб гардидаанд.
«ПОДОШИ АМАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ Муассисаи давлатии Театри вилоятии лўхтаки «Афсона»-и шањри Бохтар бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар ќатори дигар театрњои лўхтаки љумњурї Тољикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрњои касбии лўхтак «Чодари хаёл», ки моњи октябри соли 2018 дар шањри Душанбе баргузор мешавад, муаррифї менамояд. Хайрулло Давлатов, сарвари театри мазкур, бо тасдиќи ин хабар ба рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки ањли эљоди театр алњол намоишномаи тарбиявии «Подоши амал»-ро аз рўйи асари Абдурањим Абдурањмонов тамрин карда, маводи сањнавї ва лўхтакњоро тањия менамоянд. Боиси зикр аст, ки Фестивали байналмилалии театрњои касбии лўхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба доир гардида, дар он театрњои лўхтаки Тољикистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Афѓонистон, Россия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварњо бо намоишномањои бењтарин иштирок мекунанд. Ёдовар мешавем, ки Театри вилоятии лўхтаки «Афсона» дар оѓози соли 2018 дар шањри Бохтар ба фаъолият шурўъ намуда, ягона театри лўхтак дар вилояти Хатлон ба њисоб меравад.
БУНЁДИ ДАРМОНГОЊИ НАВ ДАР ШАЊРИТУС Ба хотири идома бахшидан ба анъанаи шарикї байни Љумњурии Тољикистон ва Иёлоти Муттањидаи Амрико дар дењаи Корези ноњияи Шањритус дармонгоњи нав сохта шуд.
10 октябр – Рўзи Фалак
Давлатшоњ ГУЛМАЊМАДЗОДА:
Ин лоиња бо маќсади расонидани кумаки самаранок ба љамоатњои мањаллї амалї гардид. Дармонгоњи дењаи Корез ягона дармонгоњест, ки дар ин дења амал мекунад. Татбиќи ин лоиња соли 2017 оѓоз гардид ва њадаф аз он дастгирї барои хизмарасонињои тиббї ба 1600 сокини дења ва сарњадбонон мебошад. То сохтмони дармонгоњи мазкур сокинон маљбур бу-
«ФАЛАК ГАНЉИНАИ БЕБАЊОИ ХАЛЌИ МОСТ»
Дар Театри вилоятии мусиќїмазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар ба муносибати Рўзи фалак, ки њамасола 10 октябр таљлил мегардад, њамоиши бошукўњи фарњангї барпо гардид. Дар ин љамъомад раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода бо сухани табрикї бармад карда, аз љумла зикр намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон санъати мусиќии халќи тољик – Фалак, ки таърихи бостонї ва рангину пурѓановат дорад, дар кишвара-
мон дубора эњё гардид. Имрўз дар муњити нави рушди санъат анъанањои бењтарини он идома доранд ва бо тобишњои тоза љањони маънавї ва завќи зебописандии муосиронро сайќали тоза мебахшанд. - Фалак аз зумраи ганљинањои бебањое
мебошад, ки аз ќаъри асрњо то замони мо њамчун мусиќии классикии халќи фарњангпарвару санъатдўсти мо ёдгор мондаанд, - гуфт раиси вилоят. - Фалак њам аз нигоњи њаљм ва њам аз нигоњи арзишу ќимати бадеї, аз љумлаи бењтарин мероси мусиќист, ки мо онро барњаќ, мусиќии шаклан озод ва таљассумгари рўњи озод ва орзуву омоли халќи тољик меномем. Бо шарофати Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мардуми мо намунаву суннатњои бењтарини адабиёт ва фарњангу њунари хешро арљгузорї ва эњтиром мекунанд. Ин далели он аст, ки
ќофилаи шеъру мусиќї њамвора баёнгари таќдир ва таљассумгари зиндагии халќи тољик дар шебу фарозњои зиндагї мебошад. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон барњаќ таъкид доштаанд, ки
имрўз жанри мусиќии классикии Фалак њамчун падидаи нодири њунарї дар фазои соњибистиќлолии кишвар бо љилову садои хеш танинандоз гардидааст. Зеро мусиќї дар тўли асрњо рисолати таърихии хешро ба њайси ифодагари маънавиёту ахлоќ, зимни вижагињою рангомезии лањнияш аз замони бостон то кунун иљро кардааст. Аз сарчашмањои таърихї бармеояд, ки мафњуми Фалак ифодагари осмон, кайњон, сипењру афлок, гардун, гардиши рўзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст. Раиси вилояти Хатлон Д. Гулмањмадзода ќайд кард, ки њунармандони имрўзї ва мардуми фарњангпарвари Хатлонзамин њамчун ворисони ин ганљи бебањои маънавии ниёгон бояд Фалакро њамчун падидаи пурарзиши фарњангї њифз намуда, бањри рушду нумўи жанру муњтавои он кўшиш намоянд. Раиси вилоят хотирнишон кард, ки мувофиќи маълумоти Комиссияи миллї оид ба корњои ЮНЕСКО дар Љумњурии Тољикистон, то ба имрўз аз мероси ѓайримоддии халќи тољик “Шашмаќом”, “Оши палав” ва “Наврўз” ба фењристи ЮНЕСКО ворид гардида, “Фалак” ва “Чакан” пешнињод шудааст. Ин як роњи бењтарини эњёи фарњангу њунарњои миллї ва дар айни замон ба љањониён муаррифї кардани миллат ва давлат мебошад. Дар идома барномаи њунарии фалаксароён, ки аз њафт шањру ноњияи вилоят гирд омада буданд, манзури тамошочиён гардид. Њунармандони хушовоз чароѓи ќалби њаводорону офарандагони ин санъати нафису тавоноро бо созу таронањои дилнишинашон фурўзон карданд. Дар интињо, раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода бо изњори сипос ба ањли њунар, мардуми шарифи Хатлонзаминро бо Рўзи Фалак табрик гуфта, ба тамоми ањли фарњангу њунар дар љодаи эљоди асарњои баландмазмуну љолиб дастовардњои беназир орзу кард. М. НОСИРЉОН, “Хатлон”
данд, ки дар давоми ним соат ба маркази тиббии Шањритус барои табобат раванд ва бисёре аз онњо дар фасли зимистон ба хизматрасонињои тиббї дастрасї надоштанд. Сохтмони дармонгоњи нав дар дењаи Корез намунаи равшани яке аз самтњои њамкорї байни маќомотњои иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва сафорати ИМА мебошад.
С. САИДОВ ЉОМРО БА ДАСТ ОВАРД
ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИЉРО ШУД Кишоварзони вилояти Хатлон аз иљрои 50 дарсади дурнамои имсолаи љамъоварии њосили пахта мужда доданд. Пахтакорони шањри Бохтар аввалин шуда дар вилоят дурнаморо ба ќадри 105,3% иљро намуданд. Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба рўзномаи «Хатлон» хабар доданд, ки то рўзи 9 октябр пахтакорони вилоят љамъан 123 778 тонна пахта чидаанд, ки дар ќиёс бо њамин шабу рўзи соли гузашта ба андозаи 94192 њазор тонна камтар мебошад. - Дар маъракаи њосилѓундорї пахтакорони шањри Левакант ба марра наздик шудаанд, - зикр кард манбаъ. – Онњо дурнамои мавсимро 92,5% иљро кардаанд. Инчунин, барзгарони ноњияњои Данѓара (66,7%), Ёвон (58,6%), Фархор (56,7%), Шањритус (54,5%), Кўшониён 52,9% ва Њамадонї (51%) низ фаъол буда, дурнаморо аз њисоби миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд. Аммо нишондињандањои навоњии Љалолиддини Балхї (27,9%) Носири Хусрав (32%) ва Љайњун (35,3%) чандон хуб нест. Борони рўзи 8 октябр ва якбора сард омадани њаво ба коњиши њаљми пахтаи чидашуда боис гардид. Дар ин рўзи боронї кишоварзони вилоят маљмўан 1166 тонна пахта чидаанд, дар њоле ки њамарўза ба њисоби миёна 3700-3800 тонна њосил ба даст меомад. Имсол дар 19 шањру ноњияи пахтакори вилояти Хатлон дар майдони 122404 гектар пахта кишт шуда, тибќи дурнамо, бояд 250310 тонна «тилои сафед» истењсол гардад. Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»
Дар мусобиќаи байналмилалї оид ба људо дзю-до барои Љоми Президенти Тољикистон, ки аз 2-юм то 5-уми октябр дар шањри Душанбе баргузор шуд, 248 варзишгар аз Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон ширкат дошт. Мусобиќаи имсола аз рўйи њафт дараљаи вазнњо миёни мардон сурат гирифт. Дар чањор вазн пањлавонони тољик Рањматулло Фарњодов (-73 кг), Љањонгир Маљидов (-81 кг), Саидљалол Саидов (-100 кг) ва Темур Рањимов (+100 кг) љойњои аввалро соњиб шуданд. Дар се вазни дигар гуштигирони ўзбек Достон Рўзиев (-60 кг), Абдуљалил Юсупов (-66 кг) ва Достон Мелиев (-90 кг) ѓолиб омаданд. Ба иттилои Федератсияи људои Тољикистон, ба ѓолибону љоизадорони мусобиќа дар њар як вазн ба љуз медалу диплом љоизањои молї низ супурда шуд. Ба ѓолиб 10000 сомонї, барои љойи дуюм 5000 сомонї ва барои љойи сеюм 2500 сомонї таќдим гардид. Бояд гуфт, ки мусобиќа барои Љоми Президенти Тољикистон аз соли 2013 доир мешавад.
ЧЕМПИОНАТИ ХАТЛОН ОИД БА ШОЊМОТ 5 октябр дар шањри Бохтар чемпионатњои вилояти Хатлон оид ба шоњмот (дар миёни шањрвандони аз 50-сола боло) ва тенниси рўйи миз ба муносибати “Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон” оѓоз гардиданд. Њадаф аз баргузории ин мусобиќањо эњтиром гузоштан ба забони давлатии Љумњурии Тољикистон, ташвиќу тарѓиб намудани намудњои варзиши шоњмот ва тенниси рўйи миз, ташаккули тарзи њаёти солим, ташакули неруи љисмонї ва зењнии сокинони вилоят ва муайян намудани њайати дастаи мунтахаби “Хатлон-1” мебошад. Дар мусобиќоти мазкур дастањо аз 15 шањру навоњии минтаќаи Бохтар фаъолона ширкат варзиданд. Ѓолибон ва љоизадорон бо диплому медалњои Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардида, њамзамон соњиби роњхат ба даври љумњуриявии мусобиќањои мазкур мегарданд.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj
2
ХАТЛОН
панљшанбе, 11 октябри соли 2018, №38 (3175) майдони беш аз 320 њазор гектар кишти зироатњои гуногун гузаронида, бањри таъмини амнияти озуќавории мамлакат ранљ мекашанд. - Беш аз 70 фоизи њаљми умумии мањсулоти кишоварзии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон истењсол мегардад. Соли 2017 дењќонони вилоят 4,6 миллион тонна мањсулоти кишоварзї истењсол намуданд, ки 12,7 миллиард сомониро ташкил дод. Сањми дењќонони Хатлон дар ѓанї гардидани бозори истеъмолї назаррас аст, - зикр намуд Иззатулло Сатторї зимни суханронї. Кумитаи тадорукот бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон
Љойњои нави корї зиёд мешаванд
(Идома аз сањ. 1) Бо маќсади пурра њал гардидани њадафи стратегии мамлакат-рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва ободу њамвор намудани роњњои дорои моњияти љумњуриявї ва мањаллидошта дар њудуди вилоят 2829,7 километр таъмири роњњо ба љо оварда шудааст, ки дар ин кори муњим соњибкорон њамдастї намуда, 20,4 миллион сомонї сарф намудаанд. Бо тахту њамвор кардан ва расидан ба њамаи мањалњо кори наќлиёти боркашонї низ осон гардидааст. Дар ин давра њаљми боркашонї 16,8 миллион тонна иљро гардида, мусофиркашонї ба 62,6 миллион нафар расонида шудааст, ки нисбати њамин давраи соли 2017 мутаносибан 1,5 ва 7,0
фисад зиёд аст. Муовини раиси вилоят Умедхољаи Зоир дар баробари баррасии натиљањои бадаст омада дар самти иќтисодиёт, кишоварзию саноат, инчунин ба фаъолияти соњањои илму маориф, тандурустї ва фарњанг равшанї андохта, аз љумла гуфт, ки айни замон дар миќёси вилоят шумораи умумии муассисањои таълимї 1348 ададро ташкил медињад. Шумораи умумии омўзгорону хонандагон нисбати њамин давраи соли гузашта зиёд гардида, муваффаќиятњо низ дар ин самт чашмрасанд. Соли равон дар олимпиадањои байналмилалї хонандагон 183 љойи ифтихориро сазовор гардида, 36 медали тилло, 58 медали нуќра ва 89 медали биринљї ба даст оварданд, ки нисбатан аз соли 2016-2017 77 љой зиёд аст. Варзишгарони вилоят дар 82 мусобиќаи љумњуриявї ва байналмилалї ширкат варзида, 436 медали тилло, 439 медали нуќра ва 618 медали биринљї ба даст оварданд. Яке аз масъалањои муњим ва тањти назорати давлату ќонун ќарордошта ин риояи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» мебошад, ки дар ин бора сокинони вилоят даст-
гирии зич дошта, ба ин васила аз њар гуна хурофот рањої меёбанд. Ба маќсади сарфакорона гузаронидан маблаѓи саховатмандону соњибкорон дар њамкорї бо маќомотњои иљроияи мањаллї дар ин давра 1518 адад тўйњои суннатї ва 144 адад тўйњои хонадоршавии љавононро аз оилањои дастнигар тариќи хайриявї гузарониданд. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода нисбати камбудињои љойдошта дар соњањои
бояд беталаф љамъоварї гардад. Ва пахтаи њосили 2018 дар корхонањои коркарди пунба коркард шавад. Дар ин замина пунбаи истењсолшударо дар корхонањои равѓанбарории њудуди вилоят тибќи шартнома ба фурўш бароварда, коркард намоянд. Њамин тавр, раиси вилоят бањри ноил гардидан ба дастовардњои мењнатї ва бо нишондињандањои иќтисодиву иљтимоии назаррас љамъбаст намудани соли 2018 роњбарони ташкилоту муассиса,
аз мењргон то мењргон
иќтисодиву иљтимої аз масъулини соњањо пурсиш ба амал оварда, бањри ислоњи сариваќтї дастуру супоришњо дод. Аз љумла зикр намуд, ки њосили «тиллои сафед»-и бо зањмати зиёд парвардаи дењќон
раисони шањру навоњиро муваззаф намуд. Вахшона, И. Њасанов, «Хатлон» Аксбардор Д. ШАРИФОВ
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУЌАВОРЇ БА СОЊАИ КИШОВАРЗЇ ВОБАСТАГЇ ДОРАД
Дар филиали Институти зироаткории Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон дар вилояти Хатлон семинари илмї-амалии минтаќавї дар мавзўи “Агротехнологияи парвариши зироатњои ѓаллагї ва гузаронидани кишти тирамоњї дар заминњои обї”, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон, Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон ва бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон роњандозї шуда буд, бо иштироки Сулаймон Зиёзода, муовини аввали раиси вилоят, Нуралї Асозода, д.и.к., Президенти АИКТ, Рањмон Саидзода, н.и.к., директори Институти зироаткорї, олимони соњаи кишоварзї ва масъулини шањру ноњияњо баргузор гардид. Семинарро Зиёзода Сулаймон, муовини аввали раиси вилоят, њусни оѓоз бахшида, таъкид намуд, ки кишоварзони вилоят дар давоми нуњ моњи соли 2018-ум бобати таъмини иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти самаранок истифода бурдани замин, истифода аз тухмињои серњосил, зиёд намудани истењсоли мањсулот, ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои бекорхобида, зиёд намудани майдони боѓу токзорњо, таъмин намудани ањолї бо маводњои ѓизої, захира намудани хўроки чорво, ворид намудани чорвои хушзот ва баланд бардоштани мањсулнокии чорво, бо ин васила зиёд намудани мањсулоти воридотивазкунанда дар њамкорї бо мутахас-
сисону олимони соња тадбирњои самарабахшро ба сомон расонидаанд. - Дар давоми нуњ моњи соли сипаригардида њаљми умумии мањсулоти кишоварзї ба 8 миллиарду 629 миллион сомонї расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба њамин давраи соли гузашта 66,2 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар бахши растанипарварї нисбат ба њамин давраи соли гузашта 24 миллиону 61 њазор сомонї њаљми мањсулот кам истењсол гардидааст, ки он њам аз њисоби кам ѓундоштани њосили пахта мебошад, - таъкид намуд Зиёзода Сулаймон. Ба ќавли манбаъ, кишоварзони вилоят бо истифода аз тухмињои хушсифат соли 2018-ум дар њамаи шаклњои хољагидорї дар майдони 414 њазор гектар кишти зироатњои кишоварзї гузаронидаанд. Сипас, Рањмон Саидзода, н.и.к., директори Институти зироаткории АИКТ, ба сухан баромада, иброз дошт, ки дар Љумњурии Тољикистон гандум зироати асосии озуќаворї ба њисоб рафта, имкониятњои зиёд намудани истењсоли мањсулоти кишоварзї, таъмини амнияти озуќавории кишвар аз њисоби истифодаи самараноки заминњои кишт ва баланд бардоштани њосилнокии гандум 70-80 с/га имконпазир мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар њолати истифода бурдани навъњои серњосил ва риояи ќоидањои агротехникаи парвариш, њосилнокии гандуми навъњои “Сомон”, “Президент”, “Алекс”, Ормон”, “Зироат-70”, “Шумон” ва “Садоќат” дар заминњои обёришаванда на кам аз 70-80 с/га-ро ташкил медињад. Р. Саидзода дар идомаи гузориши худ зикр намуд: “Давомнокии давраи нашъунамои гандум вобаста ба минтаќаи парвариш, иќлими сол, навъ, муњлати кишт ва агротехникаи парвариш 180-240 рўзро ташкил медињад. Барои ба даст овардани њосили баланди гандум коркарди хок ва зироатњои пешинакиштшаванда ањамияти калон дорад. Барои баланд бардоштани њосилнокии гандум бояд хољагидорон, мутахассисон, кишоварзон ва њамаи алоќамандон дар соњаи кишоварзї чорањои амалї андеши-
да, дар навбати аввал пурра риоя намудани технологияи пешќадам ва тухмипарварии ин соњаро дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба “Барномаи рушди соњаи тухмипарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” татбиќ намудан зарур аст, чунки тухмии киштбоби солим гарави баланд бардоштани њосилнокї мебошад”. Дар идома, муовини директори Иститути зироаткорї, н.и.к. Шањодат Толињов дар мавзўи “Агротехникаи парвариши гандум дар шароити Тољикистони љанубї” маърўза намуда, - гуфт: “Гирифтани њосили баланди зироатњои кишоварзї, аз он љумла гандум аз шудгори босифат вобастагии калон дорад. Чї ќадаре ки шудгори хок бо сифати чуќур (22-25 см) шуда бошад, њангоми хушксол омадани аввали бањор то фарорасии мавсими обмонї захираи намї дар хок зиёд буда, гандумро аз хушк шудан эмин медорад ва нашунамои гандум хуб мешавад”. - Яке аз омилњои асосии баланд бардоштани њосилнокии зироатњои кишоварзї обмонї мебошад ва зироати гандум ба обёрї эњтиёљи калон дорад. Барои шароити ноњияњои љануби вилояти Хатлон наќшаи обмонї дар давраи нашъунамои гандум мебошад. Мутахассисони хољагињои дењќонї, фермерї ва иљоравї ин наќшаи обёрии тавсияшударо вобаста ба шароити иќлими обу њавои сол, захираи мављудаи намї дар хок ва талаботи навъњои навро ба об ба назар гирифта, таѓйир дода метавонанд, зикр намуд Шањодат Толињов. Њамчунин, Эшонова Зебуннисо, мудири шуъбаи селексияи гандум, н.и.к., дар мавзўи “Дастовардњои инноватсионї доир ба татбиќи селексия ва тухмипарварии зироатњои ѓаллагї”, Толињов Љамшед, директори Маркази илмии њифзи растанињо, н.и.к., дар мавзўи “Муњофизати интегратсионї бар зидди касалињо ва њашаротњои зараррасони гандум”, директори Маркази илмии кишоварзї ва технологияњои инноватсионї, н.и.т. Сафаров Мањмадљон дар мавзўи “Баланд бардоштани њосилхезии хок тавассути истифодабарии технологияи муосир ва мошинолотњои кишоварзї” ва котиби илмии Институти иќтисодиёти кишоварзї, н.и.и., Шоњин Одинаев дар мавзўи “Самаранокии иќтисодии истифодаи технологияи инноватсионии парвариши гандум” маърўза намуданд.
ЗАБОН - ИНЪИКОСКУНАНДАИ МИЛЛАТУ ФАРЊАНГ Дар толори Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб бахшида ба «Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» конференсияи илмї-адабї дар мавзўи «Забон-инъикоскунандаи миллату фарњанг» бо иштироки Заррина Оќилова, раиси комиссияи забони назди китобхонаи вилоятї, Фирўзи Сайидмуъмин, муовини раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Кўлоб, Абдуќањњоров Сарахон, корманди бахши Раёсати фарњанги вилояти Хатлон дар
минтаќаи Кўлоб ва дигар шахсони масъул баргузор гардид. Зимни тасдиќи ин хабар Сао-
Дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї бахшида ба Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон чорабинии фарњангї бо иштироки Санифамоњ Таѓаймуродзода, муовини раиси ноњия, омўзгорон, хонандагону донишљўён, ањли зиё ва ањли љамоатчигии ноњия доир гардид. Бино ба иттилои манбаъ, пеш аз оѓози чорабинї мењмонон аз намоиши њунарњои мардумї, аз ќабили чакандўзї, гулдўзї, бофандагї, љўроббофї, адрасбофї, љињози арўсї, кандакорї, чўбкорї, оњангарї, сабадбофии њунармандони љамоатњои шањраку дењот ва намунаи дастоварду ихтироъкорињои хонандагони муассисањои таълимии ноњия дидан намуданд. Сараввал, С. Таѓаймуродзода дар мавзўи «Президент –њомии забони миллат» суханронї намуда, таъкид дошт, ки бо шарофати соњибистиќлолї забони тољикї мисли давлати
дат Абдуллоева, муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб, ба рўзномаи “Хатлон” гуфт: “Маќсад аз баргузории конфронс он аст, ки насли имрўзу фардоро мебояд, ки забони модарии хешро эњтиром намоянд ва онро њамеша њифз кунанд”. - Забон ифодагари тафаккури шахс ва миллат аст ва насли имрўза дастовардњои маънавии худро ба насли оянда тавассути забон мерос мегузорад. Вазифаи аввалиндараљаи наврасону љавонон илму дониш омўхтан ва дар сатњи аъло донистани забони модарї ва забонњои хориљї мебошад, - таъкид намуд С. Абдуллоева.
ЊАМАДОНЇ: ТАЉЛИЛИ РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТЇ миллиамон дубора эњё гардида, имрўз дар тамоми ќаламрави кишвар маќоми шоиста пайдо кардааст. Дар натиља, ин санаи муборак дар ќатори пурифтихортарин љашнњои ватани азизамон ќарор дошта, мо онро мисли дигар муќаддасоти миллии худ гиромї ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи њастии миллат чун гавњараки чашм њифз менамоем. - Як рукни давлатдорї, њастии миллат, бузургтарин сарвати бебањои халќ забони модарист,- иброз намуд Илёсиддин Набиев. - Пояи устувори давлатдориву нишони мављудияти миллат забони ўст. Мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки соњиби забони ширину гуворо, гўшнавозу ќадимї ва пурѓановат, забони шеъру адабиёти оламгир њастем. Тавре ки Пешвои
муаззами миллат Эмомалї Рањмон фармудааст: «Тољикистон остонаи муњаббату дилгармии њамаи онњоест, ки моњияти забони шоирона ва башардўстонаи моро медонанд». Дар идома хонандагони муассисањои таълимии ноњия аз эљодиёти шоирону адибони классику муосири адабиёти тољик шеърњо ва порчањои насрї ќироат намуданд. Њамчунин, иштироккунандагони фаъоли мањфил аз љониби КИ ЊХДТ дар ноњия бо ифтихорномањо ќадрдонї карда шуданд. Дар охир, аз тарафи њунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Њошимов барномаи махсуси идона пешкаши њозирин гардонида шуд. Фаромўз БОБОЕВ, «Хатлон»
Рўзи 6 октябри соли равон дар маркази вилоят - шањри Бохтар љашни Мењргон таљлил гардид. Дар ин чорабинї намояндагони шањру навоњии вилоят, ташкилоту муассисањо ширкат варзиданд. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода ва вазири кишоварзии Љумњурии Тољикистон Иззатулло Сатторї аз намоишу фурўши мањсули дастранљи барзгарон, њунармандон, таббохон дидан намуданд. Дар њар ќадам навъњои гуногуни меваю сабзавот, полезї, асали хуштаъми кўњистон ва дигар мањсулоти аз занбўри асал истењсолшуда диќќати њозиринро ба худ љалб намуд. Дар ин рўз њамчунин идњои харбуза, асал ва озмуни оши палав низ доир гардид. Кадбонувони боњунар бењтарин хўрокњои миллї, кулчаю чаппотї ва дигар хўришњоро пешкаши њамагон намуданд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни суханронї њамагонро бо љашни Мењргон ва идњои асалу харбуза ва озмуни оши палав табрик гуфта, таъкид дошт, ки Мењргон иди њосили дењќон буда, аз ќадим ниёгонамон онро њамчун иди касбии кишоварзон таљлил менамуданд. Љашнгирии иди Мењргон аз сиёсати оќилонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон дарак медињад. Тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5 августи соли 2009 Мењргон њамчун иди миллї ќайд карда мешавад. Тавре ки дар љамъомад зикр гардид, Мењргон њамчун иди њосил, ситоиши мењр, рамзи ањду паймон, муњаббат, иди фаровонї, шодиву нишот таљлил мегардад. Аз ќадим ниёгонамон дар ин рўзи нек оташи муќаддас афрўхта, дастархон ороста, ин санаи таърихиро љашн мегирифтанд. Сарчашмањои куњан шањодат медињанд, ки аљдодони мо дар ин рўз либосњои ягонаи авлонї пўшида, рўйи суфраи авлонї шамъ, ширинї, њазориспанд, хўрданињои миллї ва заъфарон гузошта, бо як шодиву нишот ин рўзро љашн мегирифтанд, ки ин њама аз фазилатњои неку хамида ва фарњанги волои ниёгон шањодат медод. Иди њосилот, намоиши дастранљи дењќон, пешнињоди шарбати обу мева, базму нишот
таљассумгари расму суннати ниёгони инсонї буда, файзу баракат, аз барзгарон некиву ободгарї нишон буд. Аз Мењргон то Мењргон
кишоварзон барои расидан ба дастовардњои нав ба нави мењнатї талош меварзанд ва бањри дар амал татбиќ гардидани сиёсати аграрї, амнияти озуќаворї пайваста талош доранд. Тавре ки раиси вилоят таъкид дошт, бањри амалї гардидани дастуру супоришњои Президенти мамлакат аз Паёмашон ба Маљлиси Олї барои аз мамлакати аграрї-саноатї ба саноатї-кишоварзї табдил додан бояд бењтару бештар талош варзем. Њамин тавр, раиси вилоят њозиринро ба рўзи љашни Мењргон - идњои харбузаву асал ва озмуни оши палав табрик гуфта, ба дењќонон барору комёбињо таманно намуд. Вазири кишоварзии Љумњурии Тољикистон Иззатулло Саторї низ њозиринро ба љашни Мењргон табрик намуда, иброз дошт, ки бо шарофати Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон љашни Мењргон нишоне аз гузаштаи аљдодон аз нав эњё гардида, дар тамоми гўшаву канори ватани азиз љашн гирифта мешавад. Номбурда таъкид дошт, ки кишоварзї соњаи асосии вилояти Хатлон мањсуб меёбад. Њамасола дењќонон дар
бахшида ба иди Мењргон омодагии шањру ноњияњоро љињати баргузории иди харбузаву асал ва озмуни оши палав санљида,
ѓолибони идњои асал, харбуза ва озмуни оши палавро муайян намуд. Ба ѓолибон туњфањои пуливу сипосномањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуд. Тавре ки равшан гардид, дар љамъбасти иди асал занбўриасалпарварони ноњияи Данѓара соњиби љойи аввал, Муъминободу Ховалинг сазовори љойњои дуюму сеюм гардиданд. Дењќонони ноњияи Љ. Балхї сазовори љойи якум дар озмуни иди харбуза, ноњияи Вахш љойи дуюм ва кишоварзони ноњияи Панљ сазовори љойи сеюм гардиданд. Дар озмуни оши палав бошад, таббохони ноњияи Ёвон сазовори љойи якум, Кўшониён љойи дуюм ва ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї љойи сеюм гардиданд. Њамчунин, шањру ноњияњои Љайњун, Балљувон, Ш. Шоњин, Шањритўс, Н. Хусрав, Темурмалик, Фархор, Восеъ ва шањрњои Бохтару Норак соњиби сипосномањо гардиданд. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода туњфањоро ба ѓолибон ва иштирокчиёни фаъол супорида, барору комёбињо таманно намуд. Вахшона, «Хатлон» Аксбардор Далер ШАРИФОВ
ЗАБОН - ТАЉАССУМГАРИ МИЛЛАТ
Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, бахшида ба Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон конференсияи илмї тањти унвони «Забон - таљассумгари миллат» барпо гардид. Дар ин њамоиши илмї муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, як гурўњ забоншиносон ва устодону донишљўёни бахши филологияи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ширкат варзиданд. Сараввал, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят, њозиринро бо љашни Рўзи забони давлатї табрик гуфта, ќайд намуд, ки забони мо бо истиќлоли ватани мо пайванди ногусастанї дорад. Аз ибтидои пайдоишаш забон яке аз омилњо ва ангезањои асосии љунбишњои истиќлолхоњї ва ватанпарастї буд. - Пешвои миллатамон муњтарам Эмомалї Рањмон яке аз њомиёни аслии забони тољикї буда, бањри њифзи асолати забон ва рушди он сањми бориз доранд, - зикр кард М. Хидирзода. – Тавре ки Роњбари давлат таъкид доштаанд, «танњо забон аст, ки дар њама давру замон таърихи воќеї ва ростини миллатро дар њофизаи худ нигоњ медорад». Вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муњташамро аз газанди боду борони замони љањонишавї нигањ дошта, то љойи тавон онро бо ѓановати бештар ба наслњои оянда ба мерос гузоранд. Сипас, Усмон Билолї - шоир, дар мавзўи «Забони тољикї - сипари боэътимоди миллат», Латофат Сирољова - корманди Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар минтаќаи Бохтар, дар мавзўи «Забон - рукни миллат», Шамшоди Љамшед - мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи
Абўабдуллоњи Рўдакї, дар мавзўи «Баъзе масъалањои забон дар тањрири «Ёддоштњо»-и Садриддин Айнї», Мављуда Давлатова - омўзгори фанни забони тољикї дар литсейи «Ориёно»-и шањри Бохтар, дар мавзўи «Забони тољикї - вассофи сулњу дўстї», Назира Таѓоева - донишљўи соли дуюми коллељи омўзгории Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзўи «Забони миллат - њастии миллат» ва Райњона Рањматова - унвонљўи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар мавзўи «Забони тољикї - асоси худшиносии халќи тољик» маърўзањои хешро ироа намуданд. Дар конфронс таъкид шуд, ки дар баробари дастовардњо ва рушди забони давлатї, инчунин раванди номатлуб, яъне муносибати бемасъулиятонаи баъзе кормандони маќомоти давлатї, њатто дар гуфтори намояндагони ањли зиёи мамлакат ба забони адабї ба мушоњида мерасад. Роњбари давлат Эмомалї Рањмон дар яке аз суханронињояшон аз он изњори нигаронї карда буданд, ки гоњо дар барномањои радио ва телевизион, сањнаи театрњо, навиштаљоти ањли ќалам гуфтору навишти омиёна ва ё лањљањо забони адабиро таќрибан танг карда мебароранд ва инчунин таъкид намудаанд: «Дуруст аст, ки устод Айнї лањљаю шевањои гуногунро як манбаи ѓанї гардидани забони адабї шуморидааст. Ва мо бояд аз лањљањо дурдонањо пайдо кунем ва дастраси умум гардонем.
Вале ин њаргиз маънои поймол кардани меъёрњои забони адабиро, ки дар давоми садсолањо ташаккул ёфта, сайќал хўрдаанд ва бори адабиёти њазорсолаи классикии моро кашидаанд, надорад». Дар анљоми конференсия донишљўён дар васфи забони давлатї аз ашъори шоирони муосир шеърњои пурмазмун ќироат намуданд. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон” Аксбардор Зубайдулло Ќодирї
Дар мавзўи рўз
ЛИБОС ЯКЕ АЗ ВАСИЛАЊОИ МУАССИРИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ БА ЊИСОБ МЕРАВАД
Тољикон аз ќадим либоси миллии худро мањфуз дошта, ба эњтирому эътибори халќњои љањон сазовор гаштаанд. Мувофиќи сарчашмањои илмї, халќи мо аз азал либосњои зебои занона дошт ва њељ гоњ сиёњпўш набуд. Вале, мутаассифона, имрўзњо њолатњои шигифтангезеро мушоњида мекунем, ки баъзе занон сиёњпўшї мекунанд. «Либоси сиёњ рамзи торикию бадбахтист», мегўянд. Соли гузашта Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон низ зимни суханрониашон дар мулоќот бо намояндагони вилояти Хатлон аз кирдору рафтори имрўзаи баъзе сокинони вилоят, аз љумла бархе аз љавонону бонувон, ки гирифтори афкору андешањои барои миллати мутамаддину фарњангии мо бегона ва махсусан хурофоту бегонапарастї шуда, њатто ба тарзи либоспўшии бегона таќлид мекунанд, изњори ташвиши љиддї карда буданд. “Занону духтарони мо набояд фаромўш кунанд, ки мо њамчун миллати бостонї сару либоси миллї ва тарзу одоби либоспўшии худро дорем”, - таъкид медоранд Пешвои миллат. Миллати тамаддунпарвари тољик њаргиз муњтољи љањонбиниву мазњаби бегона нест ва мо мазњаби тањаммулгарои худро дорему аз паси таблиѓотчиёни афкору мазњаби бегона намеравем. Имрўзњо дар шањру навоњии вилояти Хатлон гурўњњои корї иборат аз занњои ботаљрибаю кордон ва роњбарони ташкилоту муассисањо дар байни занон љињати ба фарњанги бегона нагаравидани бонувон корњои фањмондадињї доир менамоянд. Масъулин махсусан бо љавондухтароне, ки ба фарњанги ѓайр рў овардаанд, суњбатњои муфид мегузаронанд. Дар робита ба ин масъала, суњбате доштем бо чанде аз сокинони мањаллї, ки фишурдаи онро манзури хонандаи арљманд месозем. Бахтиёр Ќодиров, омўзгори Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав - Њастанд донишљўён ва шањрвандоне, ки зери таъсири хурофотпарастон либоси барои мардуми мо бегонаро муаррифї мекунанд. Нафароне, ки мафкураи онњо баланд нест, њисси ватандўстї надоранд, бештар либосњои зикршударо ба бар мекунанд. Бонувони њиљобпўшеро дидаам, ки рафтори хуб надошта, њарфњои дурушт мегуфтанд. Духтарону бонувони тољик бояд либосеро интихоб кунанд, ки мувофиќ ба анъанањои бойи миллиамон бошанд ва хулќу атворашон ба либоси пўшида мувофиќат кунад. Шукрона Мирова, ризокори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон - Мо, тољикон, маќоле дорем: «Хонаву палос, одаму либос». Њар як миллатро бо либос, забон, фарњанг ва муќаддасоти миллиаш мешиносанд. Аз рўйи тарзу маданияти либоспўшї, рафтору гуфтор, соњибилм будан ё набудани њар як инсонро метавон муайян кард. Бояд зикр кард, ки дар љомеаи муосир, тибќи мушоњидањо, пўшидани либоси миллї зиёд ба назар мерасад. Аммо либосњои сиёњу сатру ниќобро гоње љавондухтарон дар пайравї ба бегонапарастон мепўшанд. Либоси сатру сиёњ ба ман маќбул нест, њељ гоњ ќабул надорам ва нахоњам дошт.
Рўй овардан ба фарњанги дигар халќу миллатњо ба пешравии кори занону духтарони тољик монеа мегардад. Умед Назаров, омўзгор: - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар њар як баромаду вохўрии хеш масъалаи мавќеи хоса пайдо намудани занонро дар љомеа зикру баррасї намуда, модаронро бо итминон посдорандаи арзишњои оливу арљгузор ба фарњанги миллї номида, дар рўњияи хештаншиносї камол ёфтани фарзандонро мањз ба онњо рабт медињанд. Аммо ќисмате аз ин тоифаи поку офарандаи њаётро, ки бо иштибоњи хеш дар нуфузу эътибори миллату љомеа таъсири манфї мегузоранд, чї гуна метавон дар љодаи дуруст рањнамої кард? Бояд бештар падару модарон диќќат дињанд, зеро агар волидайн худ либоси миллиро њурмату эњтиром накунанд, аз он њељ гоњ фарзанд ибрат намегирад. Мо дар ин љо шаъну шарафи занону љавондухтарони тољикро паст заданї нестем, лекин аз њамаи онњо эњтиромона хоњиш мекунем, ки ба либоси хориљї кам мароќ зоњир намоянду ба либоси миллї рў биёранд. Либоси миллии мо њељ зиддияте ба таълимоти ислому Ќуръону суннат надорад. Он либосе, ки модаркалонњои мо ва имрўз миллати тољик дорад, кушод асту тозаву озода. Дини мубини ислом инро ќабул мекунад. Мо набояд ба таќлидкорї роњ дода, бо либоси бегона ифтихор кунем. Њар ваќте ки зани сатру хиљоби сиёњпўшеро мебинем, фикр мекунем, ки ў мотамзада бошад. Њатто дар њолати мотам доштан либоси сиёњ хосияти хуб надорад. Дар чунин њолат, яъне мотамдорию азодорї либоси сабз бењтарин либос аст, ки то якчанд рўзи муайян ба бар карданаш љоиз мебошад. Бо зоњирпарастиву худнамої, таќлид ба урфу одатњои бегона ва дурї аз маданият ва арзишњои миллї наметавон пешрафт ва инкишофи љомеаро таъмин намуд. Фирдавсии бузург фармудааст:
Мавлуда Гулова, донишљў: - Солњои охир рў овардани баъзе аз љавондухтарони тољик ба фарњанги либоспўшии бегона, аз љумла ба бар намудани либосњои сиёњ ва ба сар намудани сатру њиљоби сиёњ ташвишовар буда, аз бегонапарастии ин тоифа одамон дарак медињад. Мардуми тољик аз ќадимулайём дорои либоси миллии худ буда, духтарони тољик бо тоќиву атлас, адрас ва модарони тољик бо гардию либосњои миллии худ фахр мекарданд. Онњо њељ гоњ ба сатру њиљоби сиёњи бегона ниёз надоштанду надоранд. Агар назар андозем, ба аќидаи ин гуна нафарон, пўшидани сатр онњоро аз чашм паноњ медорад. Вале баробари ба сар намудани сатр онњо либосњои танг ва ороишоти зиёдро истифода намуда, ба чашми њамагон намоён мегарданд ва бар хилофи гуфтаи хеш амал менамоянд. Њар як фарди тољикро мебояд барои шинохт дар арсаи љањонї њамчун миллати соњибтамаддун тарѓибгари урфу анъанањои худ гардад. Дар кўчањои зебои кишварамон бо либосњои миллии ба мо хос гашту гузор намоянд, то њар як сайёње ба кишвари мо ташриф меорад, донад, ки халќи тољик чї либоси шинаму зебанда доштааст. Дар ин маврид касе наметавонад бо ниятњои ѓаразноки хеш ин фарњанги ќадимаро аз байн бараду ба љои он фарњанги хешро љорї намояд. Сарљамъона амал кардан метавонад дар пешгирї аз пањн шудани расму ойини миллати бегона дар ќаламрави љумњурї ва њифзи арзишњои милливу фарњангї асос гузорад. Ба љойи охирсухан: Доктори илмњои фалсафа, профессор, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар яке аз маќолањои худ барњаќ нигоштаанд, ки дар раванди нигоњдошт, њифз ва интиќоли арзишњои миллию фарњангї наќши занону модарон басо бузург аст ва онњо ќодиранд робитаро байни наслњо мустањкам намуда, устувории њувияти миллиро таъмин намоянд. «Ин рисолат дар замони муосир ањамияти махсус пайдо кардааст. Бинобар ин, нигоњ доштани њувияти фарњангї дар шароити муосир басо муњим мебошад. Либос њам дар ин раванд яке аз василањои муассири муаррифии миллат ба њисоб меравад», - зикр мекунад М. Хидирзода. Тазаккур бояд дод, ки бо маќсади муайян кардани гароиши занону духтарон ба фарњанги бегона соли 2015 аз љониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тадќиќоти сотсиологї гузаронида шуд. Тадќиќот муайян намуд, ки сабаби рў овардани занон ба либоси бегона таќлидкорї, мўд пиндоштани чунин либосњо ва намоиш додани мазњабї будани худ, водорсозї аз љониби шавњар ва дигар аъзои оила, инчунин таъсири фарњанги бегона тавассути тамошои кинофилмњо ва дигар василањо мебошад. Дар ин раванд таъсири мардони оила низ боиси таассуф аст. Сатњи хурофоти баъзеи онњо то дараљае баланд аст, ки дар назди зан масъалаи интихоб байни либоси бегона ва оиларо мегузоранд. Дар чунин њолат, албатта, аксарияти занон пойдории оиларо интихоб намуда, маљбуран либоси бегонаро ба бар мекунанд. Њамчунин тадќиќот муайян намуд, ки бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллии мо ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзњои мазњабии худ фарќ гузошта наметавонанд. Ва њамон сатру њиљоби бегонаро њамчун либоси миллї ќабул кардаанд. Аз ин рў, тавре М. Хидирзода таъкид медорад, зарур аст, ки њарчи бештар либоси миллии мо њамчун рукни муњими фарњанги миллии мо њаматарафа тарѓибу ташвиќ карда шавад. Барои пешгирї аз ин раванд боло бурдани эњсоси ифтихори миллї баѓоят муњим буда, ба мо зарур аст, то дар љомеа њарчи бештар либоси миллї, моњият, мазмун ва шакли онро тарѓиб намоем.
Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетї бисўзад, чу гардад баланд.
Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Озмуни вилоятї дар Кўлоб
дењот гузаронидем ва ѓолибон ба даври навбатї роњхат гирифтанд. Акнун бењтаринњо ба даври вилоятї роњ меёбанд». Дар њамин зимн њамоише баргузор гардид, ки муовини раиси шањри Кўлоб Саймурод Исмоилзода, сардори Раёсати САЊШ-и вилояти Хатлон Зиннат Сафарзода ва дигар мењмонон оид ба фаъолияти шуъбањои сабти асноди њолати шањрвандї, наќши оила дар рушди сайёњї ва њунарњои мардумї, озмуни “Њусни хатти бењтарин”, пешгирї аз фарњанги бегонапарастї, риояи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирї аз људошавии оилањои љавон, ки дар шањри Кўлоб давоми 9 моњи соли љорї 165 ададро ташкил намуда, ташвишовар мебошад, сухан ронданд. Дар њузури тамошобинон чанд сањнаи оилавї аз љониби њунармандони ќасри фарњанги Љамоати дењоти “Кўлоб” намоиш дода шуд. Ба ѓолибони озмуни њунарњои мардумї ифтихорнома ва туњфањои шуъбаи сабти асноди њолати шањрвандї таќдим гардид. Тарроњони шањри Кўлоб намоиши либосњои миллиро ташкил намуданд, ки хеле љолибу диданї буд ва беш аз 30 намуди сарулибоси чакану атлас ва аз дигар матоъњо омодашуда пешнињод гардид. Чорабиниро барномаи фарњангии њунармандони шуъбаи фарњанги шањри Кўлоб анљом бахшид.
Вобаста ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани соли 2018 дар ташкилоту корхонањо чорабинињои гуногун гузаронида мешаванд. Аз љумла, Раёсати сабти асноди њолати шањрвандии вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Наќши оила дар рушди сайёњї ва њунарњои мардумї»-ро роњандозї кардааст, ки дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон љараён дорад. Дар њамин замина дар шањри Кўлоб шуъбаи сабти асноди њолати шањрвандї чорабинии фарњангї-маърифатиеро ташкил намуд, ки њунармандони зиёдро ба њам овард.
Алишер Гадоев аз Љамоати дењоти “Зарбдор” бо мањсулоти омодакардааш ба ин озмун омадааст. Алишер, аслан, табаќу ќошуќ ва дигар ашёи рўзгорро омода месозад. Имсол бошад, бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї асбобњои зарбї, аз љумла дойраю таблаксозиро омўхта, ашёи омодакардаашро ба маъраз гузоштааст. Алишер мегўяд, ки дар бисъёр намоишгоњ ва озмунњо ширкат варзида, мањсулоти омодакардаашро ба фурўш баровардааст ва аз ин њисоб фоидаи хуб ба даст овардааст. Дар намоишгоњи њунарњои мардумї њунармандони љамоатњои дењоти Кўлоб нону кулча чаканию ќаламарезгї, мањсулоти дуредгарї, наќшу нигори миллї, расмњои гуногун ва хўрокњои миллиро пешнињод карданд. Мавриди зикр аст, ки рўз аз рўз мањсулоти ба намоиш овардаи њунармандон бо зебоию гуногунрангї аз њамдигар фарќ мекунанд. Озмуни вилоятии “Наќши оила дар рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” дар шањри Кўлоб беш аз 30 нафар њунармандонро бо њам овард. Сардори шуъбаи САЊШ-и шањри Кўлоб Муъмина Иброњимзода мегўяд: «Даври аввали озмунро дар љамоатњои
ТЕМУРМАЛИК: «АНДАЛЕБ-2018» ОЃОЗ МЕГАРДАД Даври аввали Фестивалозмуни љумњуриявии телевизионии эљодиёти халќ «Андалеб-2018» рўзи 12 октябри соли равон дар ноњияи Темурмалик доир мегардад. 15 октябр дастањои њунарии ноњияњои Ховалинг ва Гулистон санъат ва мањорати худро манзури тамошочиён ва њайати њакамони озмун мегардонанд. Даври аввали Фестивал-озмун дар шањру навоњии мамлакат то 17 ноябри соли равон идома хоњад
3
ХАТЛОН
панљшанбе, 11 октябри соли 2018, №38 (3175)
ёфт. Нимаи дуюми моњи ноябр даври дуюми фестивал дар маркази вилоятњо ва даври љамъбастї 24 ноябри соли љорї, дар Рўзи љашни Парчами Љумњурии Тољикистон, дар шањри Душанбе сурат мегирад. Маќсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардњои њунарию фарњангии даврони соњибистиќлолии кишвар ва њунарњои мардумї аст. Фестивал-озмун аз 14 шарт,
яъне намоиши њунарњои мардумї «Бозори њунар», суруди њамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосњои миллї, навозиши умумї, хониши бадеї, раќс, суруд ва навозиши якка, бадења ё лапар, суруди анъанавї ва њаљвї, порча аз анъанањои мардумї, суруд ва ё раќси халќњои сокини Тољикистон ва сюитаи овозию раќсї иборат мебошад. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Аз таъсиси минтаќањои озоди иќтисодї дар Тољикистон 10 сол сипарї шуд. Аз шумори умумии минтаќањои озоди иќтисодии мамлакат, ки ба чањор адад мерасад, дутояш – МОИ “Данѓара” ва МОИ “Панљ” - дар ќаламрави вилояти Хатлон љойгиранд. Минтаќањои мазкур бо чї њадаф таъсис ёфтаву дар зарфи 10 сол ба чї дастовардњо ноил шудаанд?
МИНТАЌАЊОИ ОЗОДИ ИЌТИСОДЇ МЕТАВОНАНД МУЊАРРИКИ РУШДИ ИЌТИСОДИ МИЛЛЇ БОШАНД Минтаќаи озоди иќтисодии «Панљ» пас аз ќабул гардидани Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи чорањои аввалиндараља оид ба ташкили минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», аз 5 марти соли 2008, таъсис ёфт. МОИ «Панљ» дар њудуди мавзеи Ќарадуми ноњияи Љайњун, мањалли наздик ба марзи Афѓонистон, дар масоњати беш аз 400 гектар бунёд гардидааст. Минтаќаи мазкур бо маќсади рушди тиљорату иќтисоди Тољикистон, љалби сармояи ватаниву хориљї, татбиќи таљрибаи намунавии идора ва менељмент, афзоиши содирот, рушди шањрсозї дар ќаламрави минтаќаи озоди иќтисодї, бунёди инфрасохтори истењсолию мухобиротї, љодањо ва ташкили љойњои нави корї дар муњлати 25 соли оянда таъсис дода шуд. Бо маќсади љалби сармоя ба минтаќаи озоди иќтисодї, тибќи ќонун, як идда имтиёзњо аз андоз ва гумрук пешбинї шудааст. Масалан, ќимати истифода аз њар як метри мукааб замини минтаќаи озоди иќтисодї як доллари амрикої муќаррар гардидааст. Аммо шарти аслии минтаќаи озоди иќтисодї барои лоињањои сармоягузорї ин аст, ки сармоягузор бояд корхонаи истењсолї бунёд карда, њаљми сармояи аввалияаш на кам аз ним миллион доллари амрикої бошад. Њаљми сармояи мустаќим ба минтаќањои озоди иќтисодии кишвар тамоюли афзоишро касб карда, танњо дар солњои 2011-2015 ба 259 миллион сомонї баробар шуд. Дар ин солњо аз буљети давлатї барои нигоњдорї ва инфрасохтори аввалиндараљаи минтаќањои озоди иќтисодї 10,8 миллион сомонї људо гардид. Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» 2 феврали соли 2009 таъсис ёфт. МОИ «Данѓара» низ ба муњлати 25 сол дар масоњати умумии 242,31 гектар ќитъаи замин, ки аз њудудњои алоњида (мањдуд) иборат аст, таъсис дода шудааст. Ба њолати семоњаи якуми соли 2018 дар минтаќањои озоди иќтисодии кишвар 63 ширкати ватанию хориљї њамчун субъекти МОИ ба ќайд гирифта шудаанд, ки бештари онњо ба минтаќањои озоди иќтисодии «Суѓд» ва «Данѓара» рост меоянд. Аз шумораи умумии субъектњо 27 ширкат аллакай истењсолотро шурўъ намудаанд, ки бозори фурўши мањсулотњои онњо ба ѓайр аз Љумњурии Тољикистон, љумњурињои Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Туркманистон, Афѓонистон, Ќазоќистон ва Федератсияи Россияро дар бар мегирад. Зикр кардан бамаврид аст, ки соли љорї низ баќайдгирии субъектњои нав дар минтаќањои озоди иќтисодии кишвар ба наќша гирифта шудааст, ки самтњои истењсолї, тиљоратї, логистикї ва ѓайраро дар бар мегиранд. Инчунин, барои ташкили љойњои нави корї, љалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионї, баланд бардоштани иќтидори содиротї ва рушди истењсолоти ивазкунандаи воридот мусоидат хоњанд кард. Мутобиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №664, Шўрои нозирон оид ба масъалањои минтаќањои озоди иќтисодии Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудааст. Шўрои нозирон оид ба масъалањои минтаќањои озоди иќтисодии Љумњурии Тољикистон маќомоти экспертї ва њамоњангсози фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї буда, њамоњангсозии фаъолияти вазорату идорањо, маъмуриятњои минтаќањои озоди иќтисодиро оид ба рушди фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї таъмин менамояд. Маќсади асосии таъсиси МОИ «Данѓара» њавасмандгардонии рушди иќтидори иќтисодии Љумњурии Тољикистон, аз љумла бо роњи љалби сармоягузории ватанию хориљї, љорї намудани усулњои муосири идоракунї ва менељмент, таъмини иштироки самараноки иќтисодиёти минтаќа ва кишвар дар таќсимоти байналмилалии мењнат, тараќќї додани њамкорињои тиљоратию иќтисодї бо кишварњои хориљї, афзун намудани иќтидори содиротии љумњурї, таъмини рушди устувори иљтимоию иќтисодии минтаќа, рушди шањрсозї дар минтаќањои атрофи МОИ «Данѓара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муњандисию наќлиётї, телекоммуникатсионї, истењсолї ва иљтимої, таъмин намудани ањолии минтаќа ва љумњурї бо кор, ташкили љойњои иловагии корї, баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї ва њалли дигар масъалањои иљтимоию иќтисодии минтаќа мебошад. Тибќи низомнома, дахолати маќомоти њокимияти давлатї ба фаъолияти молиявию хољагидории МОИ «Данѓара», ба ѓайр аз њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, манъ аст. Намудњои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Данѓара» коркарди саноатии мањсулоти кишоварзї, истењсоли ресмонњои дўзандагї, мањсулоти трикотажї, матоъњои сунъї ва синтетикї, матоъњо ва мањсулоти тайёр аз ресмони шоњї ва пахтагин, матоъњои тайёр ва мањсулоти дўзандагии пашмї, коркарди пўсти чорвои майда ва калон бо истењсоли мањсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин, рангубор кардани матоъњо ва истењсоли мањсулоти тайёр барои соњаи дўзандагї, истењсоли матоъњои пардаворї ва рўйкаш барои мебелсозї, истењсоли фурнитураи ис-
тифодаи гуногун, истењсоли курсию мебел, истењсоли рангњои гуногуни сунъї ва синтетикї, истењсоли
крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза, мошинсозї (васлкунї ва истењсоли автомобилњо, тракторњо ва техникаи гуногунтамѓа барои соњаи кишоварзї ва дигар соњањо, ќисмњои эњтиётї барои онњо, таљњизот ва техникаю технологияи соњаи коркард, хизматрасонї ва ниёзи мардум, насосњои обкаш ва дигарњо) истењсоли нурињои минералї ва биоиловагињо барои соњаи кишоварзї, коркарди сангњои кўњї, истењсоли масолењи сохтмонї ва ороишї ва ѓайра муќаррар гардидааст. Соли гузашта дар Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» аз НБО-и «Сангтўда-1» ва зеристгоњи «Шар-Шар» хатњои баландшиддати барќ оварда шуд ва ду трансформатори чинии иќтидораш 125мегаваттї насб гардид. Бунёди зеристгоњ ва кашидани хати барќи баландшиддат маънои онро дорад, ки дар натиљаи ин њама тадбирњои муњим умдатарин мушкил - таъмини субъектњои минтаќа бо барќ аз байн бардошта мешавад. Ба иттилои муовини сардори МОИ «Данѓара» Сафаралї Тайфуров, айни замон миќдори субъектњои ќайдшудаи минтаќа ба 31 адад расидааст ва 21тои онњо фаъоланд. То соли гузашта бо иќтидори мављуда ин њамаро бо барќ таъмин кардан имкон надошт. Акнун њам корхонањои феълї ва њам баъдина дар муњлатњои наздиктарин пурра бо неруи барќ таъмин мешаванд. Соли 2017 дар МОИ «Данѓара» чор субъекти нав - ду ширкат аз њисоби сармояи хориљї, дуи дигар бо маблаѓи инвесторони ватанї - ба ќайд гирифта шуд. Имсол боз ду субъекти нав, яке пурра аз њисоби маблаѓи соњибкорони мањаллї, ки ба истењсоли зарфњои пластикї машѓул мешавад ва дувумї - ЉДММ «Даво» аз њисоби маблаѓгузории соњибкорони ватанї ва мисрї бунёд хоњад шуд. Бештар аз 20 намуд доруворї чун мањсулоти воридотивазкунанда бароварда мешавад. Њамчунин, як корхонаи нав аз љониби ЉДММ «Лолазор - 88» мавриди истифода гашт, ки масолењи сохтмонї-саноатї истењсол мекунад. Корхонаи ќубурњои пластикї, ки ЉДММ «Тољпласт-1» бо таљњизоти муосир бунёд кардааст, аз калонтарин истењсолоти минтаќа ба шумор рафта, порсол ба маблаѓи 10 миллион сомонї ќубурњои полиэтиленї баровард. Дигар корхонањо, дар маљмўъ, ба миќдори 9 миллион сомонї. Ба ќавли С. Тайфуров, ба мањсулоти хушсифати корхонаи зикршуда дар бозори дохилї талабот калон аст, хоса корхонањои калонтарини кишвар, аз љумла неругоњи бунёдшавандаи «Роѓун». То ќарибї ин намуди молро пурра аз хориља меоварданд. Аз оѓози фаъолияти истењсолии МОИ «Данѓара» то имрўз љалби маблаѓ ба беш аз 1,5 миллиард сомонї расидааст. Танњо соли 2017 њаљми сармоягузорї зиёда аз 91 миллион сомониро ташкил дод, ки дар байни чор минтаќаи мављудаи кишвар натиљаи бењтарин мебошад. Бо кўшиши маъмурият роњњои дохилї сохта шуд, дар навбат сохтмони хати ќубурњои обпарто, лоињаи хати дуюми об ба минтаќа низ тањия шуд. Чун теъдоди субъектњо пайваста меафзояд, иќтидори кунунии хати оби мављуда кофї нест ва андешидани чорањои заруриро таќозо менамояд. Айни замон маъмурият пурра аз тариќи худкифої фаъолият мекунад. Яъне агар ќаблан барои пешбурди кори он аз њисоби буљети давлат соле 400 њазор сомонї људо мегашт, аз моњи сентябри соли 2017 маблаѓгузории давлатї барои фаъолияти маъмурият анљом ёфт, яъне маоши кормандони дастгоњи МОИ «Данѓара» аз њисоби фаъолияти минтаќа таъмин мешавад. Албатта, дар баробари дастовардњо, инчунин минтаќањои озоди иќтисодии «Данѓара» ва «Панљ» дорои мушкилоти вобаста ба ташкили инфрасохтор мебошанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олї ба фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї диќќати хоса дода, аз љумла гуфтанд: «Фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї вобаста ба љалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд таќвият дода шавад. Њукумати кишвар бояд мушкилоти љойдоштаи минтаќањои озоди иќтисодиро њаматарафа омўхта, барои таќвият бахшидан ба фаъолияти онњо ва ташкили дигар минтаќањои озоди иќтисодї дар њудуди мамлакат тадбирњои иловагиро амалї намояд». Минтаќањои озоди иќтисодї дар сурати дуруст ташкил кардани кор метавонанд муњаррики рушди иќтисоди миллї, тиљорати беруна ва сармоягузории мустаќими хориљї, њамчунин, сиёсати комилтари иќтисодї ва ислоњот гарданд. М. Носирљон, «Хатлон»
МАШЌИ МАХСУСИ ТАКТИКЇ ДАР КВД «ПОЙГОЊИ БОРКАШЇ» Дастаи махсуси зудамали наљотдињии Раёсати кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон машќи махсуси тактикїмудофиаи граждании худро дар КВД «Пойгоњи боркашї»-и шањри Левакант гузаронид. Мавзўи машќи тактикї «Амали њайати роњбарикунанда ва ќувваю воситањои мудофиаи гражданї њангоми эвакуатсия намудани ањолї пеш аз сар задани њолатњои фавќулода» буд. Оид ба масъалањои мудофиаи гражданї, пешгирї ва рафъи оќибатњои њолатњои фавќулода аз љониби кормандони Раёсати кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон дар миёни мардум корњои фањмондадињї доир шуд. Дар он Љобир Шарипов, сардори Маркази таълимї-методии Раёсати кумитаи њолатњои фавќулода ва
мудофиаи гражданї дар вилоят, оид ба мањкамшавии дарњои хонањои шањрвандон дар биноњои истиќоматии баландошёна ва бе назорат намондани кўдакони ноболиѓ ба сокинони мањаллї ва кормандони КВД «Пойгоњи
боркашї»-и шањри Левакант маслињатњои муфид дод. Дар машќи мазкур дастаи махсуси зудамали наљотдињии Раёсати кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон ва афсарони бахши шањри Левакант фаъолона иштирок намуданд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
4
ХАТЛОН
панљшанбе, 11 октябри соли 2018, №38 (3175)
Сайри Хатлони бостон
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон
Идораи рўзномаи «Хатлон» гўшаи «Марњамат ба Хатлон!»-ро бо маќсади таблиѓи имкониятњои соњаи сайёњї, муаррифии мавзеъњои туристї, обњои шифобахш, ёдгорињои таърихї-фарњангї ва љалби сайёњони ватанию хориљї ба ин мулки бињиштосо пешнињоди хонандаи гиромии худ мегардонад.
ОБУНА БАРОИ
БО ЊАМ САЙРИ ХАТЛОН МЕКУНЕМ!
ЌАДРИ МАРДУМ САФАР ПАДИД ОРАД Имсол бо ибтикори фарњангпарваронаву ватандўстонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ватани азизамон «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардид. Мардуми мо аз замонњои хеле ќадим ба сафар ва сайру саёњат таваљљуњи зиёд доштанд. Ба андешаи онњо, чї ќадаре, ки инсон љањонгашта шавад, њамон ќадар пухта мегардад. Носири Хусрави Ќубодиёнї таъкид мекунад, ки «дар хона нишинї, танњо нури аз равзана дохилшавандаи хуршедро мебинї. Агар рўзро дидан хоњї, бояд аз кулбаат берун барої». Дар Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї тасмим гирифтем, ки аз рўзгори марди хоксору одї, љањондида, инсони њаќталабу њаќљў, сайёње, ки бо дучархааш тамоми ќаламрави љанубу шимоли кишвари азизамонро тай кардааст, ќисса кунем. Ин марди наљиб ва оњанинирода, сабур ва пуртоќат Тўра Шукури 67-сола мебошад. Тўра, Шукур соли 1952 дар дењаи Мењнатободи ноњияи Вахш ба дунё омадааст. Айни замон дар дењаи Баракати Љамоати дењоти «Навбањор»-и ноњияи Кўшониён дар ињотаи нуњ фарзанду бисту панљ набера давлати пирї меронад. Хатмкардаи Донишгоњи омўзгории шањри Душанбе ба номи Садриддин Айнї мебошад. Ў солњост, ки машќи шеър мекунад. Нахустин маљмўаи ашъораш бо номи «Бонги нимашаб» соли 2016 рўйи чоп омадааст. Рўзе дар замини наздињавлигї
машѓули кори дењќонї будам, ки Тўра Шукур аз чойхонаи назди шањрак телефон карда, хост ба наздаш биёям. Зуд ба наздаш рафтам. Мо ќариб чор соат суњбат кардем. Мавзўи суњбатамон сафари тўлонии бистрўзаи ў буд. Сайёњ - ќањрамони мо дар муддати 20 рўз якчанд ноњияи минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлонро бо дучарха сайр намудааст. Ў шўхиомез мегўяд, ки њангоми таваллудаш момодояњо шояд «комашро бардошта, «сайёњ шавад» гуфтаанд». - Ман њамеша аз дењаи Мењнатобод то ба шањри Ќўрѓонтеппа (њозира Бохтар) ва маркази ноњияи Вахш пойи пиёда рафта меомадам, - мегўяд Тўра Шукур. - Саёњатро аз тањти дил дўст медорам. Хостам сафари бистрўзаам ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» рост ояд. Пагоњии барваќт бо дучархаам аз дења баромада рост роњи шањри Бохтарро пеш гирифтам. Аз бозор лавозимоти сафарро харида, ба шањри Левакант ва аз он љо рост ба ноњияи Данѓара рафтам. Њаво гармтар мешуд ва суръати њаракати ман сусттар мегардид. Роњ кўтал, баъзан сарнишеб мешуд. Зери сояи дарахтони писта каме дам гирифта, боз роњамро идома додам. Бегоњ, ваќте њаво торик шуд, дар як ќисми њарбии сарироњї ќарор гирифтам. Фардо баъди худоњофизї бо сарбозон ба ноњияи зебоманзари Данѓара рафта расидам. Воќеан, њам Данѓара хеле обод шудааст. Рўзи дигарро дар дењаи Ѓарѓара гузаронидам. Мардуми мењмоннавози онљо асосан
ба фарзандони гумкардароњу хоин Мурољиатнома аз номи кулли модарони ноњияи Абдурањмони Љомї Бузургеро пурсидаанд: -Њаёт аз кї ва аз куљо сар мешавад? Гуфт :«аз модар ва гањвора». -Њаёт кай ба охир мерасад? Гуфт: “Њамон даме ки охирин модар, аз дунё чашм мепўшад”. Бале, модоме, ки Худованд офаридгор бошад, зан ва замин офаранда аст. Он њодисањои нангине, ки дар шањри Варшаваи Љумњурии Лањистон рух додаву вирди забони љањониён гаштааст, модарони тољикро мутаассир карда, онро сахт мањкум мекунанд. Гарчанде ки хоини ватан ва хоини миллат, на ватан дораду на миллату на дину диёнат. Чї бадбахт аст модаре, ки онњоро ба дунё овардааст. Вале чї бояд кард, ки онњо аз ин роњ баргарданд. Эй, Муњиддин Кабирии саркашу гумкардароњу хоин! Ба садои ќалби модарони тољик гўш андоз. Ту бегона наї! Оё, ту фаромўш кардї, ки туро модари тољик ба дунё овардаву аз ту такягоњеро, ободгареро,бунёдгареро интизор буд?! Ту чї кор карда истодаї? Ту медонї, ки бо рехтани хуни бародари њамхуну њаммиллату њамватани худ, гўё хуни љигари модари зоратро резондї… Бо хиёнати ба модар - Ватан кардаат, ба рўи модарат хатти батлон кашидї… Охир, модар дар батнаш нуњ моњу нуњ рўз бардоштаву бо аљал даст ба гиребон гашта, туро ба дунё овард. Аз хуни сурхи хеш, бо амри Парвардигори муттаол шири сафед људо карда, ба ту дод, то ин ки чї ќадар муќаддасу пок будани шири модарро бо аќли инсонї дарк кунї. Дар сари гањвораат «алла»-и модарона хонд, то ин ки Худовандро шиносї… Эй, марди саркаш, ба худ ой, аз роњи бад баргарду поси шири сафеди модаратро бикун! Модар, туро ба ин дунё овард, бо њазорон умеду орзу ба воя расонд, ки ту ба модар, ба ватан, ба миллат хиёнат кунї!?. Мо, модарони тољик, аз ту талаб мекунем, ки аз роњи пур аз хиёнатат баргардї, дар назди ин сарзамини бињиштосо ва ин кишвари ободу озоду зебо сар фуруд оварї, саљда кунї, тавба кунї, то ин ки аз гуноњат гузаранд. Бо мењнати њалоли чун шири модар поку беолоиш зиндагї кунї, озод бошї, зеро озодї туњфаи бебањои Худованд аст. Худату фарзандони хешро лаънатзадаи таърих накун! Зеро хунрезї дар хоки ватан, бародаркушї дар сарзамини худ, гуноњест нобахшиданї! Таърих гувоњ аст, ки абармардони тољик бо хуни хеш ватанро аз бегонагон, аз душманони беруна њимоя кардаву дар ин роњи њаќ ќурбон гаштаанд. То он даме ки охирин модар дар ќайди њаёт њаст, њаргиз намегузорад, ки хуни ноњаќ резад, ё бародар ќотили бародар бошад. Бо тамоми њастї мо-модарон пеши роњи ин хунрезиро мегирем! Он фарзандони саркашу хоинро «оќи модар», «оќи ватан», «оќи миллат» мекунем, то ин ки онњоро на таърих бубахшаду на Худованд!!! Эй марди саркаш, аз ѓазаби Худованду модар њазар кун!!!
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
ба чорводорию парандапарварї машѓуланд. Хонаи њар як сокини он дењаро бе мурѓи марљон тасаввур кардан ѓайри имкон аст. Гандуму љав, нахўду заѓир низ парвариш карда мешудааст… Њамин тавр, Тўра Шукур рўзи дигар рў љониби мавзеи Кангурт гирифт. Замини Кангурт ба ќаламрави ноњияи Темурмалик дохил аст. Боѓњои навбунёд, иншоотњои хуштарњ ва ќисме нотамом, ки мардум дар онњо зањмат мекашиданд ва гулбуттањои рангоранги сањни пайкараи Њољї Њусайни Кангуртї ба он мавзеъ њусни дигар зам мекард. Тўра Шукур маќбараи ин марди бузургро, ки дар баландии он мавзеъ воќеъ буд, зиёрат карда, баъдан аз осорхонаи шоире, ки аввалин шуда ба достони «Комде ва Мадан»-и Бедил љавоб гуфтааст, дидан карду бо якчанд дастхаташ шинос шуд. Дар роњ боз оромгоњи чандин шахсиятњои барљастаро зиёрат намуд. - Сипас, аз роњи Кангурт рў љониби Балљувон нињодам, - ба наќлаш идома дод Тўра Шукур. - Бояд гуфт, ки хазандањо дар Балљувон хеле зиёд аст, вале морњои он љо, аз рўйи наќли мардум, ба касе зиён намерасонанд. Аз дарёи Сангоб ва Яхсў гузашта ба Калтачинор расидам. Ду рўз беист борон меборид. Њаво тозаву табиат дилрабо менамуд. Кас аз ин табиати зебо њаловат мебурд. Муносибати одамонаш хубу мардуми хоксоранд. Дар дењаи Калтачанор заводи асфалтпазї бунёд ёфтааст, ки наздики сесад нафар коргарон бо кори доимї таъминанд. Ин њама як иќдоми созанда
Тољикистон њамчун љузъи људонашавандаи љомеаи љањонї аз рўйї мавќеи географии худ дар минтаќаи бархўрди манфиатњои мамлакатњои абарќудрати дунё ќарор дорад. Аз ин љост, ки аз солњои 90-уми ќарни гузашта то инљониб фаъолияти маќсадноки ташкилоти террористиву экстремистии байналхалќї аз тарафи як ќатор мамлакатњои манфиатљўй ва маќомоти махсуси онњо пуштибонї ва маблаѓгузорї ёфта, роњ ва усулњои гуногуни амалисозии лоињаи манфури онњо тарњрезї карда мешавад. Хавфу хатарњои кирдорњои манфури ташкилотњои террористї, ки солњои 90-ум
дар роњи бунёдкорї ва паст намудани сатњи камбизоатии ањолї мебошад. Аз Балљувон ба Ховалинг рањсипор шудам. Роњ њамвор ва мумфарш буда, бо сифати баланди муњандисї бунёд шудааст. Пас аз чанд рўзи сафар ба Ховалинг расидам. Дењањои гирду атрофро сайркунон ба сўйи дараи Мухтор роњ пеш гирифтам. Ман бесаброна ин дараро дидан мехостам. Вале расидан ба дараи Мухтор басо мушкил буд. Нињоят, ба ќадамљои Восеъи мубориз расидам. Дараи Мухтор калонтарин дењаи ноњияи Ховалинг мањсуб меёбад. Ба осорхонаи дараи Мухтор рафта, њамон кундаљувозе, ки замоне Восеъ ба воситаи он равѓан мекашид, тамошо кардам. Дуруд, ба бародарони хатлонї, ки замони Манѓития ба зулму ситам тоќат накарда, бо роњбарии Восеи бањодур ба шўриш алайњи бедодгарон хестанд, тањсину офаринњо хондам. Ваќте аз дараи Мухтор баргаштам, торикї њамаљоро фаро мегирифт. Ѓанабам бурда мондааст. Чун чашм кушодам, тўдаи гургон ва ду-се сар хирси бадвоњимаро дидам, ки аз дарёчаи аз наздам љорї об мехўрданд. Одатан, шабона њар куљое, ки мехобидам, гулхан фурўзон мекардам, то ки дарандањо наздик нашаванд. Рўзи баъдї мазори Њазрати Султон Увайси Ќараниро зиёрат карда, дењањои Яхсў, Сияњпўшон, Таги љар, Мобайни љар, Болои љарро низ дида баромадам. Сипас, ба шањри Кўлоб расида, тавассути кўчаи Шамсиддин Шоњин ба маќбараи аллома
њимояи манофеи худ дар Шарќи Наздик, Ќафќоз ва Осиёи Миёна маблаѓгузорї ва дастгирї карда мешаванд. Онњо бо њар роњу восита ворид сохтани идеологияи тањрифшудаи диниро дар мафкураи љавонону наврасони ин манотиќ хеле моњирона тарњрезї намуда, љуѓрофияи пањншавии онро сол аз сол ривољ медињанд. Ташаннуљ ёфтани вазъият дар давлатњои Шарќи Наздик, аз ќабили Сурия, Ироќ ва Афѓонистон, ки дар њудуди онњо теъдоди зиёди шањрвандони Тољикистон низ дар гурўњњои террористї ва экстремистї шомил њастанд ва ташаннуљ ёфтани ихтилофот байни давлатњои Эрон,
Мир Сайид Алии Њамадонї расидам. Баъди зиёрати оромгоњи ин шахсияти барљаста ва тамошои ин шањри таърихї хулоса намудам, ки Кўлоб калонтарин шањр дар вилоят ва зеботарин мавзеъ дар минтаќа мебошад. Аз шањри бостонии Кўлоб ба ноњияи Восеъ рањсипор шудам. Баъди тамошои ёдгорињои ќадимаи ќалъаи Њулбук ман ба дењањои Ќурбоншањид, Гулистон, Олимтой рафта, бо мардуми ин дењањо мулоќот кардам. Ањолии ин минтаќа асосан ба пахтакорї ва боѓдорї машѓуланд. Сипас, ба дењаи хеш баргаштам. Аљибаш ин буд, ки бист рўз чї тавр гузашт, нафањмида мондам. Сафари бистрўза ба Тўра Шукур нишон дод, ки мардуми мо бештар ба мењнати бунёдкорона машѓуланд. Аз сиёсати Пешвои миллат ќаноатманд буда, бо кору амали хеш нишон медињанд, ки ин ватани мањбубро, ки Тољикистон ном дорад, боз њам ободу шукуфон мегардонанд. Ќобили зикр аст, ки Тўра Шукур дар гузашта бо дучархаи номдораш сафари 77-рўзаро ба вилояти Суѓд низ анљом додааст, ки аз шахсияти дар сайру саёњат завќманду пуртоќат буданаш дарак медињад. Матлаби хешро бо мисраъњои њаким Саної хулоса мекунем: Ќадри мардум сафар падид орад, Хонаи хеш мардро банд нест. Чу ба санг андарун бувад гавњар, Кас надонад, ки ќимматаш чанд аст? Њотам Њољї, омўзгори собиќадори МТМУ №1-и ноњияи Кўшониён амалисозии манфиатњои геополитикии давлатњои иртиљої дар манотиќи Шарќи Наздик, Ќафќоз ва Осиёи Миёна сурат гирифта истодааст. Ба фикри муњаќќиќони соњаи сиёсатшиносї ба моилшавии љавонон ба гурўњњои ифротї дар баробари ташкилотњои террористии байналмилалї фаъолияти љосусии давлатњои алоњидаи манфиатљўй мусоидат менамояд. Онњо тањти ливои дини ислом мафкураи љавонону наврасонро ба аќоиди тањрифшудаи экстремистї моил сохта, бо ин васила љомеаро аз рўйи ангезањои мазњабї ба муноќиша кашиданианд, ки
Тањдидњои муосири экстремизм ва терроризми байналмилалї ба амнияти милЛии Тољикистон боиси дар Тољикистон сар задани љанги шањрвандї гардида, беш аз 150 њазор кушта, зиёда аз 60 њазор нафар ба кишвари њамсоя - Афѓонистон ва 195 њазор ба кишварњои ба мо дўсти Ўзбекистону Русия фирор намуданд, 35723 хона вайрону валангор, 25 њазор зан бева, 53 њазор кўдак ятим гардид, 61 муассисаи тиббї аз фаъолият бозмонда, кишварро гуруснагии шадид ба монанди љанги дуюми љањон фаро гирифт ва ба вазъи иќтисодии кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари амрикої зарар овард, ки то њол аз ёди мардуми шарифи Тољикистон нарафтааст. Новобаста ба ин, лоињањои иѓвоандозии давлатњои манфиатљўи аљнабї идеологияи тањрифшудаи нави диниро бо номи «Салафия-Вањњобия» ба сари љавонону наврасони мо бор карда, аз рўйи ангезањои мазњабї ба бор овардани љанги нави шањрвандиро тањмил карда истодаанд. Оид ба хавфу хатарњои фаъолияти ташкилотњои экстремистї дар Тољикистон, ки зери аќоиди тањрифшудаи дини мубини ислом маќсадњои нопоки худро амалї карданї мешаванд. Муњаќќиќ ва муаррихи номвар Саймумин Ятимов оид ба ин мавзўъ меафзояд: «Ин хавф дар марњилаи навин дањњо маротиба сангинтар аз солњои 90-уми асри гузашта хоњад буд, чунки агар дар он замон идеологияи фундаменталистї танњо ќисмате аз мавзеи љуѓрофии мамлакатро фаро мегирифт, дар шароити кунунї мавзеи пањншавии афкори ифротгарої ќисмати бештари кишварро сироят кардааст». Имрўз мусаллам аст, ки сарчашмаи асосии пайдоиш ва рушди экстремизми динї, ки оќибат ба фаъолияти террористї табдил меёбад, дар баробари мављуд будани проблемањои иљтимої-иќтисодї, фарњангї ва динї ин фаъолияти муташаккилонаи ташкилотњои экстремистї ва террористии байналмилалї мебошад, ки аз тарафи давлатњои алоњида барои
Покистон ва Афѓонистон вазъиятро боз њам ташвишовартар сохта, метавонад боиси муноќишањои мусаллањона ва љангњои минтаќавї гардад. Аз ин лињоз, хатарњои муосире, ки имрўз аз терроризм ва экстремизми байналхалќї бармеоянд, на танњо ба амнияти давлати мањбуби мо тањдид менамояд, балки боиси аз байн бурдани давлатњои бузург ва абарќудрати дунё шуда метавонад. Рўз то рўз вазъияти њарбї-сиёсии Љумњурии Исломии Афѓонистон, ки дарозии сарњади мо бо он беш аз 1400 км-ро ташкил медињад, муташанниљ гардида, дар њудуди он ташкилотњои террористии байналмилалии «Давлати исломї», «Толибон», «Ал-ќоида» ва «Њизби исломии Туркистон» (собиќ Њаракати исломии Ўзбекистон) фаъолияти худро вусъат бахшидаанд, ки бо таври мунтазам дар минтаќањои назди сарњадии Тољикистон низ задухўрдњои мусаллањона байни ќуввањои давлатии Афѓонистон ва онњо ба вуќўъ мепайвандад. Њадафи асосии ин ташкилотњои иртиљої дар тамоми манотиќи давлатњои мусалмонтабор, хусусан Осиёи Миёна созмон додани давлати абарќудрати исломї бо ном «Хилофат», ки дар асоси ќонунњои шариат бояд амал кунад, мебошад. Дар Тољикистон 90%-и шањрвандон дар мазњаби њанафї буда, танњо 5% онњо шиамазњаб (равияи исмоилия) мебошанд. Ворид гардидани идеологияи «салафия-вањњобия» дар њаёти динїмаънавии мардуми тољик аз интервентсияи афкори экстремистии ташкилотњои иртиљоии террористии байналмилалї шањодат дода, афкори онњо ба муќобили афкори мазњаби «њанафия» ва хусусан мазњаби «шиа», равона буда, бе асосњои илмии динї ва аќлонї мардуме, ки бо онњо њаммаслак нестанд, «кофир» эътироф карда мешаванд. Ба аќидаи мо, муќобилгузории мусалмонон аз рўи эътиќодњои мазњабї мањз бо маќсади
дар оянда ба амнияти миллии кишвар тањдиди бевосита дорад. Барои решакан ва хунсо намудани аќида, афкор ва љањонбинии пурзалоти ифротї итињодияњои љинояткори салафия ва њаммаслакони такфирии онњо њоло њам фурсатњои зиёд ва омилњои ќавї дар ихтиёри миллат, давлат ва сокинони кишварамон ќарор дорад. Муќовимат бо ин зуњуроти шум ва ташкилоти террористї, ки моњияти байналмилалї касб намудааст, вазифаи њар шањрванд ва мусалмон аст. Бетарафї дар самти мубориза бар зидди шаклгирии салафия дар љомеа хиёнат ба миллату ватан, хиёнат ба мазњабу фарњанг, хиёнат ба падару модар, хиёнат ба мероси таърихї, хиёнат ба забони модарї, хиёнат ба фарзандон, хиёнат ба Ќуръону суннат, хиёнат ба ислому имон, хиёнат ба Пайѓамбар (с) ва уммат мањсуб меёбад. Муќовимат ба салафия ва ангезањои террористии онњо ифтихор ва ќарзи инсонии њар фарди бедор ва мусалмони воќеї аст. Аз њамин лињоз, чанд нуктаи калидї ва омили асосии муќовимат ба салафияро баён ва пешнињод менамоям. Муќовимати динї ва илмї бењтарин роњи мубориза бар зидди терроризми байналмилалї, аз љумла бар зидди иттињодияи экстремистии салафия ва њифзи амнияти давлатї мебошад. Бењтарин усул ва роњњои муќовимат бо иттињодияи экстремистии салафия ва пешвоёни бемазњаби онњо дар Ќуръон ва ањодиси Пайѓамбар дарљ гардидааст. Ќуръон ва суннат афзалтарин сипари боэътимоди амниятї дар муќобили хушунат, ифротгарої ва фатвои такфирии салафия буда, бењтарин силоњи саркўбкунандаи ифротгароёни иѓвоангез мебошад. Саидањмад Нуров, мутахассиси пешбари шуъбаи умумї, назорат ва мурољиати шањрвандони дастгоњи раиси шањри Бохтар
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
СОЛИ 2019
Идома дорад
Рўзномаи «Хатлон» иљрои ќарору дастур ва нишондодњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилоятро ба табъ мерасонад, њамчунин рўйдодњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии вилоятро ба таваљљуњи хонандагон омода месозад. Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён зикршуда гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта, 80 сомонї мебошад. ОБУНА ДАР ИДОРАИ РЎЗНОМА ТАРИЌИ НАЌДЇ ВА ЃАЙРИНАЌДЇ ЌАБУЛ КАРДА МЕШАВАД. Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: - шањри Бохтар, кўчаи Логинов-12 Филиали «Амонатбонк-42», шањри Бохтар С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон
ЭЪЛОН Мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї дар Кумитањои идораи замини шањру ноњияњои вилояти Хатлон р/т 1 2 3 4 5 6 7
Номгўйи шањру ноњияњо Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини ноњияи Кушониён Кумитаи идораи замини ноњияи Љалолиддини Балхї Кумитаи идораи замини ноњияи Абдурањмони Љомї Кумитаи идораи замини ноњияи Дўстї Кумитаи идораи замини ноњияи Носири Хусрав
мансаб
Музди маош
Сармутахассис
852,0
Мутахассиси пешбар Мутахассиси пешбар
665,0 665,0
Сармутахассис
852,0
Сармутахасис
852,0
Мутахасиси пешбар Мутахасиси пешбар
665,0 665,0
Талаботњои тахассусї Барои мансаби Сармутахассис-тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизматї давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї. Барои мансаби мутахассиси пешбар-тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизматї давлатиро таъмин карда метавонад, 1сол собиќаи умумии мењнатї. Барои мансаби мутахассис-тањсилоти олї ё миёнаи касби, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Ќабули њуљљатњои озмуни барои иштирок, аз љониби Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, шањри Бохтар, кучаи Б. Ѓафуров 6 “А” ќабул карда мешавад. телефонњо барои маълумот 8-32-22-2-54-94, (+992)-905-11-48-88 Диќќат: Музояда! Иљрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант рӯзи 12 ноябри соли 2018 музоядаи такрориро оид ба фурўши амволи зерин, ки тањти њабс ќарор дорад, эълон менамояд: № Т/р
Нархи ибтидоӣ 71505,61 шаҳри (ҳафтоду Манзили истиқоматӣ Левакант, як ҳазору дар ошёнаи сеюм кӯчаи Борбад панҷсаду 1. ҷойгир буда, иборат 08.02.1991 (Ленин), панҷ аз се ҳуҷраи хизматӣ хонаи №2 «а», сомонию ва ёрирасон аст. ҳуҷраи №13. шасту як дирам) Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълон оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Љойи баргузории музоядаи такрорӣ дар шаҳри Левакант, кӯчаи Н. Абдуллоев, бинои №15, дар бинои суди шаҳри Левакант. Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83250) 6-27-36, 93-529-84-82, 918-67-97-32 гирифта метавонед. Номгўи амволи њабсгардида
Соли барориш
Мансубият ва суроѓа
Таваљљуњ: музояда!
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён барои ба фурӯш баровардани амволи ғайри манқули таҳти ҳабс қарордошта - манзили истиқоматии воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, шуъбаи 3-юм, маҳаллаи №7, иборат аз як ошёна, 7 ҳуҷраи зист, ҳоҷатхона, оғилхона, пешайвон, анҷомхона, ошхона ва дарвозаи оҳанин, масоҳати умумиаш 400 м.м, сатҳи умумиаш 159,52 м.м, сатҳи фоидаовар 21,23 мм мебошад, бо нархи 282567 (дусаду ҳаштоду ду ҳазору панҷсаду шасту ҳафт) сомонӣ, соати 10:00, 10 рӯз баъд аз нашри эълон дар рӯзнома музояда эълон менамоянд. Ҷойи баргузории музояда: бинои иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Кӯшониён. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 8 (3245) 2-1099, 93-300-20-46
эътибор
надорад
Шањодатномаи гумшудаи Т-АТА №0322741 дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2015 МТМУ №5-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Хайитова Адолат Њуснидиновна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ШМЊ №0061506, ки онро соли 2014 литсейи давлатии №1-и шањри Бохтар ба Њамзаев Фарњод додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшуда бо фармони №187 к аз 31 августи соли 2001-ум Литсейи касбии саноатї-кишоварзии ноњияи Љ. Балхї бо ихтисоси “Техник-механик ва технологияи истењсолоти хољагии ќишлоќ” бо фармони №212 к аз 16 июли соли 2004 ба Ќосимов Суњроб додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДТО №0084595, ки онро соли 2010 ДДБ ба номи Носири Хусрав факултаи иќтисодї, бо ихтисоси муносибатњои иќтисоди байналмилалї ба Самиева Саида Зувайдуллоевна додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДТК №0062016 тањти ќайди раќами 15097, ки онро соли 2012 “Коллељи махсусгардонидашуда”-и шањри Бохтар , шуъбаи “Тибби ветеринарї” таълими рўзона ба Холов Фатњиддин Ёрмањмадович додааст , эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Њангомаи ИСМАТ
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 10.10.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896