Skip to main content

Шумораи №36

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №36 (3173)

панљшанбе, 27 сентябри соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Ќабули сайёри шањрвандон

Давлатшоњ Гулмањмадзода:

«БА КОРЊОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГЇ БОЯД ДИЌЌАТИ БЕШТАРЕ ДОД»

Масъалањои вобаста ба фарогирии мављи телевизиони вилоятии “Хатлон” дар њудуди ноњияи Шањритўс, таъмири капиталии пули дарёи Кофарнињон, бурдани корњои соњилмустањкамкунии дарёи Кофарнињон дар њудуди Љамоатњои дењоти ба номи Талбак Садриддинов ва Љўра Назаров, таъмири хатти асосии баландшиддати барќи њудуди Љамоати дењоти ба номи Љўра Назаров, њамчунин масоили вобаста ба заминњои чарогоњњои Љамоати дењоти “Пахтаобод”, муљањњазгардонии сохтори госпиталї ва маркази саломатии ноњия бо технологияи нави њозиразамон љињати ташхиси беморињои сироятї, кашидани хатти барќ, лўлањои обгузар, таъмири роњњои автомобилї дар мањаллаи навбунёд дар ќабули сайёри раиси вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода мавриди баррасї ќарор гирифт. Зимни мулоќоти раиси вилоят сокинони ноњияи Шањритўс Анора Шарипова, Насриддин Ѓуломњайдаров, Махфират Саидрањмонова, Њикмат Давлатов, Мањмадшоњ Гадоев ва дигарон оид ба

масъалањои мазкур ба раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода арзи матлаб намуданд. Равшан гардид, ки сокинони ноњияи Шањритўс аз барномањои телевизиони “Хатлон” бархўрдор нестанд. Зеро мављи телевизиони “Хатлон” фарогири ноњия нест. Вобаста ба ин масоили муњими рўз раиси вилоят ба масъулини телевизиони “Хатлон” дастур доданд. Доир ба њаллу фасли масъалањои таъмири хатти асосии баландшиддати барќи њудуди Љамоати дењоти “Љўра Назаров”, ки 23 километрро дар бар мегирад, дастандаркорони соњаи мазкур муваззаф гардиданд. Раиси вилоят нисбати интиќоли хатњои барќу об ва таъмири роњи автомобилгарди дењаи навбунёд ба роњбарони соњањои марбута супориш дод. Воќеан, пешнињоду масъалагузорињои сокинони ноњия нисбати солњои ќаблї зимни ќабули сайёри раиси вилоят ба куллї дигаргун гашта, ањолї бештар ба масъалањои вобаста ба ободу бунёдкорї, рушди мањалро пайгирї намуданд. Раиси вилоят зимни њаллу фасли масоили пешнињодгардида, таъкид дошт, ки масъулини соњањо бояд барномањои мукаммалу мушаххас тањия намуда, ба маќомоти дахлдор пешнињод намоянд. Дар ин баробар, бо соњибкорони мањаллї, сармоягузорон ва ташкилотњои љамъиятї њамкорї намоянд, то муассисањои давлативу хусусї бештар рушд ёбанду шароити ташхису табобати ањолї боз њам бењтар гардад. Пас аз шунидани арзу ниёзи сокинони ноњияи Шањритўс, роњбари вилоят аз масъулини соњањои хољагии халќи ноњияњои Шањритўс, Ќубодиён ва Носири Хусрав нисбати вазъи иќтисодиву иљтимої пурсон гардида, бобати рафъи камбудињои љойдошта супоришњои мушаххас дод. Роњбари вилоят аз он изњори нигаронї намуд, ки вазъи шомилшавии хатмкунандагони ноњияњои

Мавсими нави театрї

«Карим Девона» дар сањна Њунармандони театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар мавсими нави театриро бо намоишномаи «Дар љустуљўи Карим - Девона» оѓоз карданд. Тамошобинони аввалини намоишномаи «Дар љустуљўи КаримДевона» раиси вилояти Хатлон Гулмањмадзода Давлатшоњ Ќурбоналї, кормандони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, њамчунин ташкилоту муассисањои вилоятї буданд. Ќобили ёдоварист, ки намоишномаи мазкур ба ифтихори 140-солагии шоири мардумїАбдукарим Ќурбонов, ки бо тахаллуси «Карим Девона» аз рўйи асари Тўрахон Ањмадхонов ва китоби Њабибулло Назаров дар тањияи коргардони театри болозикр Ќурбонмуњаммад Шукуров рўйи сањна оварда шуд. Ќурбонмуњаммад Шукуров, коргардон ва ба сањнагузорандаи намоишнома, дар суњбат бо мо иброз дошт: «Маќсади асосї, пеш аз њама, бори дигар муаррифии ашъори шоир, рўзгор ва осораш мебошад. Дер боз мехостам аз рўйи ин асар як намоишномаеро ба сањна гузорам. Ва, хушбахтона, њамин тавр низ шуд. Бо дастгирии профессор, устоди Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Њасани Муродиён ва кормандони техникиву эљодии театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар пайваста кор намуда, пасон намоишномаро рўйи сањна овардем».

Дар намоишномаи «Дар љустуљўи Карим - Девона», ки аз рўи асари Тўрахон Ањмадхонов тањия гаштааст, њунарпешагон Ќурбонмуњаммад Шукуров, Хољамќул Сатторќулов, Бањодур Шарифов, Комил Бобиев, Аюб Фаќиров, Момагул Рањимова, Ганљина Саидова, Фирдавси Тўрдиалї, Муњаммадзоир Толибов, Отахон Саидзода, Мелибой Рањматуллоев, Файзалї Њасанов, Муњаммадї Шарифов, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон Муњаммад Шомуддинов ва чанде дигарон наќшофарї карданд. Пас аз тамошои намоишнома раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода ба сухан баромада, кушодашавии мавсими нави театриро дар Хатлон фоли нек арзёбї намуда, иброз дошт, ки театр макони тарбия буда, њунармандон бо офаридани намоишномањои пурмазмуни хеш дар тарбияи насли наврас сањми арзанда мегузоранд. Дар идомаи баромад раиси вилоят ба њунармандон ва офарандагони намоишномаи нави «Дар љустуљўи Карим Девона» ва кормандони театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар ањсану офаринњо хонд. Намоишномаи «Дар љустуљўи Карим Девона» басо тарбиявї буда, якдигарфањмиву муттањидї, ростќавливу њалолкорї, намуна будан дар зиндагиро талќин мекард. Далер Шарифов

мазкур ба донишгоњу донишкадањои дохилу хориљи кишвар нигаронкунанда аст. Дар самти корњои ободониву бунёдкорї ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон низ дар ноњияњои Шањритўс, Ќубодиён ва Носири Хусрав дастовардњо назаррас нест. Дар ин радиф, роњбари вилоят аз иќдомњои неку ободгароии соњибкорони ноњияи Ёвон ёдрас гардида, иброз дошт, ки дар ин самт таљрибаи соњибкорони ин ноњия лоиќи омўзишу пайравист. Сипас, раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода доир ба самтњои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон сухан ронда

табиї ва иќлими Тољикистон барои ба роњ мондани хизматрасонии муосири сайёњї ва инкишофи намудњои гуногуни он имконияти бењтарин муњайё намудааст. Танњо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонї дар сатњи байналмилалї ба роњ монда шавад», - ироа дошт зимни суханронї роњбари вилоят. Ва таъкид дошт, ки ноњияњои Шањритўс, Ќубодиён ва Носири Хусрав макони мавзеъњои таърихии “Тахти Сангин”, ”Хоља Машњад”, ”Хоља Дурбод”, ”Чилучорчашма” ва ѓайрањо мебошанд. Дар сурати бунёди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани хизматрасонии љавобгўй ба меъёрњои байналмилалї мета-

7 рЎзи ХАТЛОН МАЉЛИСИ ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Њукумати Љумњурии Тољикистон хулосаи худро ба лоињаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї» ва «Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот» барои баррасї ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ирсол кард. Ин нуќта 24 сентябр дар маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки тањти раёсати Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Њукумати кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон баргузор гардид, зикр ёфт. Дар ин љаласаи Њукумат Президенти мамлакат инчунин оид ба омодагии њамаи бахшњои хољагии халќи мамлакат, аз љумла соњањои иљтимої ба давраи зимистони солњои 2018-2019,

дар сатњи зарурї гузаронидани маъракаи зимистонгузаронї, омодагии пурраи бахшњои энергетика, марказњои барќу гармидињї, наќлиёт, захираи маводи озуќаворї дар минтаќањои дурдасти Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, ноњияњои минтаќаи Рашт, захираи хўрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон ва истифодаи самараноки чарогоњњо дастурњои мушаххас доданд.

МУЛОЌОТИ С. ЗИЁЗОДА БО ШАРИКОНИ ХОРИЉЇ 25 сентябр дар шањри Бохтар муовини аввали раиси вилояти Хатлон Сулаймон Зиёзода бо роњбари Барномаи USAID «Раќобати Агробизнес дар Тољикистон» Френк Обреин, муовини роњбари барномаи мазкур Нозим Нарзуллозода ва директори ташкилоти Winrock International Дианн Мангрю дидору мулоќот кард. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилоят ба рўзномаи “Хатлон” хабар доданд, С. Зиёзода дар рафти суњбат ќайд кард, ки имкониятњои вилояти Хатлон барои рушди кишоварзї васеъ буда, дар ин самт корњои назаррас анљом дода шудаанд ва истењсоли мањсулоти кишоварзї мавќеи хосае дорад. «Танњо дар солњои охир дар майдони 265 гектар боѓњои интенсивї ташкил карда шудааст. Содироти мањсулоти кишоварї низ хуб роњ монда шудааст», - афзуд С. Зиёзода. Дар навбати худ Френк Обреин ќайд кард, ки айни њол ният доранд дар доираи як барнома истењсоли мањсулоти ширї ба роњ монда шавад. Зикр гардид, ки лоиња дар давоми панљ сол амалї шуда, 12 ноњияро фаро мегирад.

ДУРНАМОИ ПАХТА 30% ИЉРО ШУД Дурнамои чиниши пахта дар вилояти Хатлон ба рўзи 25 сентябр ба ќадри 29,8% иљро шудааст. Пахтакорони вилоят то ин рўз љамъан 74567 тонна пахта љамъоварї кардаанд.

иброз дошт, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон намуданд. «Ба њамагон равшан аст, ки сайёњї яке аз соњањои ба шуѓл фаро гирифтани ањолї, таќвият додани сатњи зиндагии њамагон, муњим аз њама, тараќќї додани соњањои хизматрасониву истењсолї ва муаррификунандаи таъриху фарњанг, табиати зебои кишвар ва њунару анъанањои миллї ба шумор меравад. Тавре ки дар Паёми Роњбари давлат зикр гардидааст, шароити мусоиди

вонем ба натиљањои назаррас ноил гардем. Роњбари вилоят масъулину фаъолони ноњияњои мазкурро вазифадор намуд, ки ба корњои ободонию бунёдкорї диќќати љиддї дода, љамъоварии пахтаро хуб ба роњ монда, соли 2018-ро бо дастовардњои назарраси иќтисодию иљтимої љамъбаст намоянд. ВАХШОНА, «Хатлон»

РИОЯИ ЌОНУН БАРОИ ЊАМА ЊАТМИСТ! «Назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњоро дар ќаламрави Тољикистон Прокурори генералї ва прокурорњои тобеи он дар давраи ваколати худ татбиќ менамоянд». Конститутсияи Љумњурии Тољикистон Прокуратураи вилояти Хатлон бањри амалї намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришњои Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои њайати мушовараи Прокуратураи генералии љумњурї ба роњ монда, бањри таъмини волоияти ќонун, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиатњои давлат ва љомеа дар 7 моњи соли 2018 корњои муайянеро анљом дод. Тањлили вазъи љинояткорї дар вилоят нишон дод, ки дар зарфи 7 моњи соли 2018 сатњи содиршавии љиноят тамоюли пастравї дошта, њамагї 3815 (4038) љиноят ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбати њамин давраи соли 2017-ум 223 љиноят ё ба андозаи 5,52% кам гардидааст. Сатњи кушодавии љиноятњо 81,91 (83,12) фоизро ташкил дода, аз љумлаи љиноятњои ба ќайд гирифташуда 1213 (1279) ё худ 31,7% аз љониби маќомоти прокуратура ошкор карда шудааст. Асосан, сатњи содиршавии љиноятњои махсусан вазнин ва ваз-

нин дар вилоят аз 879 ба 836 паст шудааст. Гарчанде содиршавии љиноят дар умум тамоили пастравї дошта бошад њам, аммо ин категорияњои љиноятњое мебошанд, ки рў ба афзоиш нињодааст. Аз љумла, љиноятњои ќаллобї аз 522 ба 560, ќочоќи маводи нашъаовар аз 20 ба 46, худсарона ишѓол намудани замин аз 234 ба 253, сохтакорї аз 67 ба 88 нисбат ба њамин давраи соли љорї зиёд гардидааст. Дар баробари коњиш ёфтани сатњи љиноят дар бархе аз шањру ноњияњо афзоиши љиноятњо љой дошта, бењбудиро таќозо мекунад. Масалан, дар шањру ноњияњои Вахш, Љайњун, Ёвон, Н. Хусрав, Норак, Восеъ, Њамадонї ва Фархор болоравии сатњи љинояткорї аз 7 то 57 фоиз афзоиш ёфта, ислоњи он масъулияти љиддиро талаб менамояд. Ќайд кардан зарур аст, ки дар соли 2017 яке аз сабабњои болоравии сатњи љиноят ин ба зиёдшавии риоя накардан ба ќоидањои њаракат дар роњ дар њудуди вилоят, ки боиси садамаи наќлиётии марговар гаштаанд, алоќаманд аст. Бинобар ин, масъалаи мазкур бо љалби кормандони ШБДА ва муассисаи давлатии идораи хољагии роњњои автомобилгард дар вилоят 21 июни соли 2018 дар љаласаи Шўрои њамоњангсозии фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќи вилоят мавриди баррасї ќарор дода шуд, ки бањри пешгирии ин

даанд», - зикр кард Ќ. Халилов ва афзуд, ки нишондињандањои навоњии Љалолиддини Балхї (18,2%), Љайњун (19,4%) ва Носири Хусрав (24%) чандон хуб нест. Омили аслии камњосилии имсола, ба иддаои мутахассисон, аз меъёр баланд шудани њарорати њаво дар тобистон аст, ки боиси рехтани гули пахта ва хуб нашъунамо наёфтани он гардидааст. Аз љињати дигар, ин боиси афзоиши нархи пахта шуда, имрўзњо як кило пахтаи кишоварзонро дар ивази аз 5,2 то 6,3 сомонї харид мекунанд.

КОРИ 18 САРТАРОШХОНА МАНЪ ГАРДИД

Дар шањри Бохтар фаъолияти 29 сартарошхона, 20 кошонаи њусн ва 13 њуљраи хусусии стоматологї аз љониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон мавриди санљиш ќарор гирифт. Ба иттилои С. Назриев, котиби матбуотии ин сарраёсат, санљиши мазкур дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон, ки рўзи 1 сентябр зимни баромадашон дар Донишгоњи тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино дода шуд, доир гардид. Дар рафти санљиш бинобар ба талаботи санитарию эпидемиологї љавобгў набудан фаъолияти 18 сартарошхона манъ ва 11 сартарош љаримабандї шуданд. Инчунин, фаъолияти 7 кошонаи њусн ва њуљраи хусусии стоматологї низ манъ карда шуд. Ду нафар дандонпизишк барои риоя накардани талаботи санитарию гигиенї ва панљ табиби њуљрањои хусусии стоматологї барои риоя накардани ќоидањои муомилот бо доруворї ба андозаи 10 њазор сомонї љарима баста шуданд. Чунин санљиш дар шањру навоњии минтаќа идома хоњад ёфт.

ЌОМАТ АФРОХТАНИ МУЉАССАМАИ РЎДАКЇ

Дар назди бинои маъмурии Донишгоњи давлатии Кўлоб муљассамаи Сардафтари адабиёти форсу тољик Абўабдуллоњи Рўдакї, ки донишгоњи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, ќомат афрохт.

Нусратулло Рањматљон Мањмудзода, прокурори вилояти Хатлон ќабил љиноят ќарорњои дахлдор ќабул гардид. Њамзамон, дар ин замина, бањри бартараф кардани нуќсону камбудињо вобаста ба аломатњои роњ, чароѓакњо, насб намудани камерањои мушоњидавї ва таъмири чароѓњои равшандињанда дар ду наќби дар њудуди вилоят љойдошта ба унвонии муассисањои дахлдор пешнињоди мушаххас ирсол карда, дар натиља 505 адад аломатњои роњ дар роњњои автомобилгард насб гардид. (Давомаш дар сањ. 2)

Ба диќќати вакилони Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон Рўзи 28 сентябри соли 2018, соати 8:00 дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон иљлосияи понздањуми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, даъвати панљум бо масъалањои зерин баргузор мегардад: 1. Рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2012, №268 оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 августи соли 2012, №383 “Дар бораи Барномаи ислоњоти кишоварзии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2020” дар шањру ноњияњои вилоят; 2. Рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 11 октябри соли 2011, №270 оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 августи соли 2011, №409 “Дар бораи тасдиќи Барномаи руш-

Ба иттилои Ќутбиддин Халилов, мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, имсол дар вилоят дар майдони 122404 гектар пахта кишт шуда, тибќи дурнамо, бояд 250310 тонна «тилои сафед» ба даст ояд. «Дар маъракаи њосилѓундорї пахтакорони шањрњои Бохтар (61,5%), Левакант (56,5%), ноњияњои Шањритус (42,8%), Фархор (41,5%), Данѓара (35,2%), Абдурањмони Љомї (34%), Ёвон (32,8%), Њамадонї (31%) пешсаф буда, дурнаморо аз њисоби миёнаи вилоят бештар иљро кар-

ди соњаи кирмакпарварї ва коркарди пилла дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2020” дар шањру ноњияњои вилоят; 3. Њисоботи сардори Раёсати сармоягузорї ва идораи амволи давлатї оид ба иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 декабри соли 2014, №740 “Дар бораи наќшаи чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба татбиќи марњилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012- 2020” дар шањру ноњияњои вилоят; 4. Масъалањои љорї. Шуъбаи ташкилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

Раиси шањри Кўлоб Хайруллоњ Амонуллоњ зимни суханронї дар маросими ифтитоњи муљассама зикр кард, ки осори устод Рўдакї дар замони имрўза, пеш аз њама, дар тарбияи љавонони мамлакат, дўст доштани Ватан, эњтиром гузоштан ба фарњангу арзишњои

миллї, ташаккули хислатњои неки инсонї наќши муассир дорад. Ректори ДДК Абдулло Њабибулло дар навбати худ гуфт, ки осори Рўдакї на танњо барои таълиму тарбия, балки барои ба вуљуд овардани дастурњои таълимї ва китобњои дарсї низ ба манфиат хоњад буд.

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ П. САТТОРЇ

Дар толори конфронсии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоњин бо ибтикори шуъбаи Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар вилояти Хатлон тањти унвони ««Гулбарг»-и бехазон» бахшида ба 80-солагии шоири зиндаёд Пирумќул Сатторї њамоиши илмї-назариявї баргузор гардид. Шоир Озар Салим зимни суханронии худ ќайд кард, ки П. Сатторї солњои мадид роњбари мањфили шоирони Хатлонзамин тањти унвони «Гулбарг» буд ва дар тарбияи эљодкорони зиёд сањми шоиста дорад. «Ў поягузори забони адабии театрњои Вахшонзамин аст. Шоирону нависандагони вилоят ўро асосгузори мањфилњои адибони Хатлон, устоди устодони имрўзаи каломи бадеи Вахшонзамин мењисобанд», афзуд ў. Ќобили зикр аст, ки Пирумќул Сатторї, шоир ва рўзноманигори барљастаи тољик, 1 августи соли 1938 ба дунё омада, баъди хатми Донишкадаи омўзгории шањри Душанбе барои кор ба Ќўрѓонтеппа фиристода мешавад. Ў дар баробари фаъолияти омўзгорї, њамзамон мудири бахши адабии рўзномаи «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа» шуда кор кардааст.

«САД РАНГИ ЧАКАН» ДАР МУЪМИНОБОД

Дар ноњияи Муъминобод чорабинии фарњангї-маърифатї зери унвони «Сад ранги чакан» баргузор шуд. Ин мањфил бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати арљгузорї ба расму ойинњои миллї, мероси ниёгон, анъанањои миллии мардуми тољик, боло бурдани эњсоси ифтихори миллї, њамчунин ба муносибати Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї барпо гар-

дид. Дар чорабинї аз љониби љавондухтарони ноњия намоиши либосњои миллї пешнињод шуд, ки бо тарњу наќшу нигори миллї дўхта шудааст. Аз љониби масъулини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Муъминобод ба иштирокдорони фаъол туњфањои хотиравї њадя карда шуд.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


2

ХАТЛОН

РИОЯИ ЌОНУН БАРОИ ЊАМА ЊАТМИСТ! (Идома аз сањ. 1) Натиљаи ин чорабинињо ва тадбирњои дигари амалї буд, ки чунин љиноятњо дар 7 моњи соли љорї дар њудуди вилоят аз 175 ба 130 њолат кам шуд. Худованд ба мо-инсонњо ва ќонундонњо неъмати бењтарин-аќл њадя кардааст, ки неку бадро фарќ карда тавонем. Нињоли некї аз оби њаёт сабзида, дарахти бадї аз амалњои бад оќибат хушк мешавад. Одамоне, ки ѓуломи ќонунанд, озодона, саодатмандона њаёт ба сар бурда, нисбат ба наздикони худ аз њар љињат намунаи ибратанд. Мардони њаќиќии хирадпеша њамеша шодмонанду ба вайронкорї, ќонунвайронкунї даст намезананд. Њанўз мисолњое зиёданд, ки одамон низоми зиндагиро вайрон карда, бо кирдорњои ношоиста сабабгори сар задани љиноятњои гуногун ва њатто вазнин мегарданд. Њодисањои нангине аз љониби баъзе чунин шањрвандон рух медињанд, ки ба шаъни љомеаи озоду демократии мо доѓ меоваранд. Барои исботи ин гуфтањо ба мисолњо, факту раќамњо рў меоварем. Дар давоми њафт моњи соли 2018 Прокуратураи вилояти Хатлон ва прокурорњои тобеи он дар шањру ноњияњои вилоят љињати пешгирии љинояткорї, тибќи гуноњашон ба љавобгарї кашидани одамон, пурзўр намудани назорати прокурорї корњои муњиму натиљабахшро анљом доданд. Мутобиќи супориш, дастурњо ва пешнињодњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон прокуратура фаъолияти њаррўзаи худро дар асоси дастуру супоришњои Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва ќарорњои њайати мушовараи Прокуратураи генералї ба роњ монда, бањри таъмини волоияти ќонун, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, манфиатњои давлат ва љомеа дар зарфи њафт моњи соли 2018 як ќатор корњои муњимро анљом додаанд. Њолати иљрои ќонунгузории замин тањти назорати њамарўза ќарор дошта, кўшиш ба харљ медињем, ки ѓайриќонунї ва ѓасби худсаронаи он пешгирї карда шавад. Новобаста аз ин, то њол дар вилоят њолатњои ѓайриќонунї људо кардан, хариду фурўши ѓайриќонунии замин, ѓасби худсарона ва сохтмони худсарона љой дошта, дар ин самт 66 (68) санљиш гузаронида, бањри бартарафсозии ќонунвайронкунињои мављудбуда унвонии роњбарони маќомоти дахлдор ва ташкилоту муассисањо 440 (436) санади прокурорї бароварда, бо натиљаи баррасии онњо 923 (974) нафар ба љавобгарии моддї, интизомї ва маъмурї кашида шуда, барои ѓайриќонунї додани замин, худсарона ишѓол намудани ќитъаи замин ва дигар љиноятњо, аз љумла љиноятњои мансабии ба замин алоќаманд 246 (192) парвандаи љиноятї оѓоз карда шудаанд. Аз парвандањои љиноятии оѓозгардида 25 парвандаи љиноятї нисбати 25 нафар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатї мебошанд. Аз љумла, 6 парвандаи љиноятї нисбати масъулини идораи кумитаи заминсозї, 8 парвандаи љиноятї нисбати раисони љамоатњои шањраку дењот, 8 парвандаи љиноятї нисбати роњбарони хољагињо ва 3 парвандаи љиноятї нисбати дигар шахсони мансабдор оѓоз гардидааст. Санљишњо собит сохтаанд, ки содиршавии ќонунвайронкунии замин аз љониби шахсони мансабдори маќомоти дахлдори давлатї, ки худ мутасаддии пешгирї ва бартараф намудани ќонунвайронкунињо мебошанд, то ба њол љой доранд. Чунончї, раиси Љамоати дењоти “Дарќад”-и ноњияи Фархор Негматов А.С. ва муњандисзаминсози љамоат Солиев Х.А. њангоми фаъолияти кориашон 5,05 га ќитъаи замини корами обї ва лалмиро ба 48 нафар шањрвандон бидуни њуљљатњои дахлдор ба маблаѓи аз 400 то 3000 доллари ИМА фурўхта, як ќисми дигарашро ѓайриќонунї таќсим намудаанд. Њол он ки замин моликияти истиснои давлат буда, хариду фурўши он манъ аст Аз ин рў, аз љониби прокуратураи вилоят нисбати Негматов А.С. ва Солиев Х. А. бо моддањои 247 ќисми 3 банди “а”, яъне бо роњи фиреб ё сўйистифодаи боварии ба даст овардани амволи ѓайр ба миќдори калон ва 338 1 ќисми 2 бандњои “а,б,в” КЉ Љумњурии Тољикистон, яъне ѓайриќонунї додани ќитъаи замин, такроран аз љониби гурўњи шахсон бо маслињати пешакї, бо истифода аз ваколати мансабї парвандаи љиноятї оѓоз карда, бо анљом гардидани тафтишоти пешакї ба суд ирсол карда шуда, аз тарафи суд номбурда гунањгор дониста шуд. Бо њукми суд ба ў бо дастрасии моддаи 67 ќисми 3 КЉ Љумњурии Тољикистон љазои нињої дар намуди љарима ба андозаи 600 нишондињанда барои њисобњо ва бо мањрум сохтан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати ду сол таъйин карда шудааст. Инчунин, раиси Љамоати дењоти “Чоргул”-и ноњияи Ёвон Назаров Ќ., корманди Кумитаи идораи замини ноњияи Вахш Мирзохонов С., мутахассиси КФД баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул дар ноњияи Хуросон Аланазаров Љ., мутахассиси КФД Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул дар ноњияи Шањритўс Шехмуродов И., сардори КВД лоињакаши ноњияи Восеъ ва муњандис-заминсози Љамоати дењоти “Кўлоб”-и шањри Кўлоб Бозоров К., мутахассиси Кумитаи идораи замини ноњияи Хуросон Муъминов Ф. даст ба ќонуншикании замин задаанд, ки ин амалњои ѓайриќонунии онњо ошкор гардид. Бо санадњои эътиноии прокурорї масоњати 1414 (2585) га ќитъањои замини худсарона ишѓолшуда ва ѓайриќонунї таќсимгашта ба њолати аввала баргардонида шуданд. Бо назорати иљрои ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” диќќати махсус дода, дар ин самт 19 (2017-25) санљиш гузаронида, бо натиљаи он 96 ќонунвайронкунї муайян карда шуд. Љињати бартарафсозї ва пешгирии омилњои ба он мусоидаткунанда 5 (6) пешнињод, 31 (27) амр бароварда, бо баррасии њуљљатњои эътиноии прокурорї 2 (2) нафар ба љавобгарии интизомї ва 8 (1) нафар ба љавобгарии маъмурї кашида шуда, дар њамкорї бо дигар маќомоти њифзи њуќуќи вилоят 39 (90) парвандаи љиноятї оѓоз карда шудааст. Замон таќозо дорад, ки сатњи маърифати њуќуќии аъзои љомеа баланд бардошта шавад. Зеро маърифати њуќуќї маљмўи донишњо ва амалњои њар як шахс доир ба моњияти ќонунњо, њифзи њуќуќњои шањрвандї, риояи муќаррароти

ќонун аз љониби одамон ва тарѓиби риояи он ба атрофиён аст. Ќабули ќонун як тарафи масъала буда, љониби дигар ва муњимтарини он татбиќи муќаррароти ќонун дар љомеа мебошад Прокуратура ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ барои ба њаёт татбиќ намудани ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар доираи ваколати худ кўшиш менамоянд. Риояи ќонун ќатъи назар аз вазифаю мансаб барои њамаи шањрвандони кишвар њатмист. Мо дар љомеаи соњибистиќлол, њуќуќбунёд, демократї, дунявї зиндагї мекунем, ки донистани ќонун талаби замон аст. Муњимияти масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ба назар гирифта, он њамасола дар љаласањои Шўрои њамоњангсозии фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќи вилояти Хатлон мавриди санљиш ва баррасї ќарор дода мешавад. Бо назардошти хавфнокии љиноятњои самти экстремистї ва террористї фаъолияти ситодњои амалкунандаи вилоятї љоннок гардида, њамагї маќомоти њифзи њуќуќ 169 љиноятњои хусусияти террористию экстремистидоштаро ошкор ва аз рўи ин њолатњо нисбати 178 нафар парвандањои љиноятї оѓоз кардаанд, ки аз ин парвандаи љиноятї нисбати 76 нафар барои љалб ва иштироки ѓайриќонунии шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар воњидњои мусаллањ, задухўрди мусаллањона ё амалиётњои љангї дар ќаламрави дигар давлат мебошад. Чунончї, собиќ раиси ЊНИ дар шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) Ќурбонов А.Г. дидаву дониста, ки бо њалномаи Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 29.09.соли 2015 ЊНИ њамчун ташкилоти террористї ва экстремистї эътироф гардидаву фаъолияти он ќатъ карда шудааст, 68 адад фитаву дискњо, 44 адад адабиёту нашрияњо ва 15 адад аудио-видео- касетањои мансуб ба ТЭТ ЊНИ-ро аз утоќи кориаш ба манзили истиќоматиаш воќеъ дар дењаи Эшонободи шањри Левакант мебошад, бурда, ѓайриќонунї онњоро бо маќсади минбаъд ба амал баровардани фаъолияти экстремистии ин њизб нигоњ доштааст, ки бо ин њаракатњояш љинояти дар моддаи 307 3 ќисми 2 КЉ Љумњурии Тољикистон пешбинї гардида, яъне ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистї (ифротгарої)-ро содир намуда, даст ба љиноят задааст. Аз ин рў, аз тарафи Прокуратураи вилоят 23 майи соли 2018 нисбати Ќурбонов А. Г. бо моддаи зикргардидаи КЉ Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз карда, бо анљом гардидани тафтишоти пешакї ба суд ирсол гардид. Аз тарафи суд номбурда гунањгор дониста шуда, бо њукми суд ба ў љазо дар намуди мањрумї аз озодї ба муњлати 5 сол бо адо намудани љазо дар калонияњои ислоњии дорои низомашон пурзўр таъйин карда шудааст. Таљриба нишон медињад, ки аксари нуќсону камбудињо, њолатњои ќонунвайронкунї аз тарафи роњбарони зинањои гуногун рўхдода баъзан ба содир шудани љиноят анљом меёбад. Дар њоле ки мебоист чунин роњбарон худ ба ќонун ќатъї риоя карда, дигаронро аз роњи ѓайриќонунї боздоранд. Аммо на њама дар ин љода ислоњпазиранд. Њофизи бузург дар ин бобат дуруст фармуда: Воизон, к-ин љилва дар мењробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам, зи донишманди маљлис бозпурс: Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд? Кормандони мо ба љараёни татбиќи ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, њифзи њуќуќу озодињои инсон, баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї диќќат дода, муќаррароти ќонунњоро фањмонда, барои татбиќи онњо корњои таъсирбахшро анљом медињанд. Роњандозии тадбирњои мушаххаси фањмондадињї натиљаи дилпазир ба бор оварда, мардум ба моњияти њар як ќонун сарфањм рафта, мутобиќи он амал карда, ба ин васила мизони ќонуншиканї дар љомеа коњиш меёбад. Бо камоли шодмонї бояд хотирнишон сохт, ки дар натиљаи ба њаёт татбиќ намудани сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар ќатори дигар шањру ноњияњои Хатлон ободу зебо, сатњи зиндагонии сокинонаш хушу хуррамтар мегардад. Тайи солњои охир њазорњо нафар соњиби љойњои кори доимї ва муваќќатї гаштанд. Барои сиюмин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо дастури бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар њамаи шањру ноњияњо, шањраку дењот, дењањои калон бо љалби соњибкорону шахсони саховатпеша, ходимони дин корњои созандагї, ба монанди бунёду таъмири марказњои саломатї, њуљра барои хатнаи кўдакон, сартарошхона, кошонаи њусн, њаммом, муассисањои томактабї, китобхона, боѓњои фарњангї, муассисањои таълимї, роњњои мањаллии байни мањаллњои ањолинишин, майдончањои варзишию фароѓатї ва дигар иншоот ба роњ монда шудааст. Яке аз њадафњои асосии Њукумати кишвар фароњам сохтани зиндагии шоиста ба ањолї буда, он бо таъмини волоияти ќонун дар вилоят алоќаманд аст. Дар вилоят њуќуќу озодињои инсон пурра њифз гардида, њар фарди солимфикр худро ѓуломи ќонун њисобида, ба волоияти ќонун бовар дошта, ба он ќатъї риоя менамояд. Бинобар дар њолати паст ќарор доштани маърифати њуќуќии мардум, надонистани муњимии ќонунњои ќабулшуда, наандешидани оќибати кирдорњои ѓайриќонунии худ як гурўњи шањрвандон даст ба љиноят мезананд. Њамзамон, кирдорњои берун аз доираи ќонун содиргардида аз назари кормандони прокуратура дур намемонад. Прокуратура инчунин њолати иљрои ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи мурољиатњои шањрвандон”, “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”ро тањти назорат ќарор дода, тибќи он кор мебарад. Кормандони Прокуратураи вилоят дар оянда вобаста ба риояи ќонунњо корро дар њамаи самтњо пурзўр намуда, њамчунин барои њолатњои пешгирии ќонуншиканињо тадбирњо андешида, ба гунањгорон љазои сазовор медињанд.

панљшанбе, 27 сентябри соли 2018, №36 (3173)

Ба истиќболи Рўзи омўзгорон “Калиди њама гуна дастоварду пешравї ва истиќлолияти фикрї муаллим – омўзгор ва хазинаи маънавию илмии ў ба шумор меравад. Аз ин рў, самаранок ба роњ мондани корњои таълиму тарбия аз љониби омўзгор имкон фароњам меорад, ки сатњи мафкура ва донишу љањонбинии толибилмон боло равад ва онњо њамќадами замон гарданд”. Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН

Рассомї шуѓли дигари Фарида аст. Ин њунарро аз падари равоншодаш омўхтааст. Шавќи мўд ўро ба дунёи дигар бурда. Дар Маркази таълими калонсолони назди идораи шуѓли ањолии шањри Бохтар курси компютерї ва дизайнериро низ хатм намудааст. Њамчунин давраи

ОМЎЗГОР - КАЛИДИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ФИКРЇ ВА РОЊНАМО БА ЉАЊОНИ ЊУНАР ба шавњар доданд. Баъди сарсонињо бахт ба рўйи ман ханда кард. Њамсараму бародаронаш низ ятим буданд. Онњо маро дар пухтани хўрок кумак мекарданд. Њамсарам бароям њам модар шуду њам њамсар, кўдаконамро низ шавњарам парпеч мекард. Баъди соњиби ду фарзанд шудан њамсарам, ки худ маълумоти олї надошт, тасмим гирифт, ки маро соњибмаълумот созад.

Аз сарсонї то хушиќболии як зан Борњо шоњиди он гаштаем, ки бисёре аз мардон садди роњи илмомўзии њамсарони хеш мешаванд. Кам вохўрдаем бо заноне, ки шавњар онњоро соњиби маълумоти олї карда бошад. Ќањрамони мо аз ќабили занони хушиќболест, ки њамсар ўро соњиби чандин диплому сертификат гардонидааст. Шавњар буд, ки тамоми армонњои ношикастаи як духтараки ятимро бароварда сохтааст. Бо вуљуди он ки ў чањор духтар ба дунё овардааст, њамсар мисли баъзе мардон аз ў норозї нест. Баръакс, мехоњад њамсари азизаш ба мартабањои баландтар бирасад. Њамсуњбати навбатии мо нафарест, ки њам омўзгор асту њам њунарманд. Занест, ки дар зиндагї аз сарсонї то хушиќболї расидааст. Фарида Латифова бонуи кушодачењра, зиндадилу хушсухан аст ва њамагї 37 сол дорад. Фарида дар оилаи зиёї дар ноњияи Панљ чашм ба олами њастї кушодааст. Ў дар оила фарзанди ёздањумин буд. Аммо Фарида њамагї 10 сол аз муњаббати модар бањравар гардидаасту халос. Бо омадани модарандар апањо Фаридаро бо навбат ба тарбияи худ гирифтанд. Ў як муддат дар хонаи яке аз апањо дар ноњияи Панљ ва баъдан дар шањри Турсунзода дар хонаи апаи дигараш зиндагї кардааст. - Замоне ки дар шањри Турсунзода будам, - мегўяд Фарида, – то синфи 9 тањсил карда, баъдан дар корхонаи истењсоли алюминий фаъолият доштам. Падарам дар синни шонздањсолагї маро

Гомњои нахустин ба сўйи илму маърифат Аввалин ќадамњояшро Фарида дар идораи шуѓли ањолии №66-и шањри Душанбе гузоштааст. Ў аз рўйи низоми кор дар он марказ бояд дар як рўз 50 адад матрас медўхт, аммо ў 100-то чунин кўрпа месупорид. Масъулиятшиносии Фаридаро ба назар гирифта ба ў, кумакпулї, дипломи сурх ва шањодатномаи хатми он давраи омўзиширо таќдим намуданд. Ќадами дувуми Фарида дар роњи илмомўзї коллељи омўзгории шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) буд. Он љо дар ихтисоси омўзгори синфњои ибтидої тањсил кард. Баъди хатми коллељ шавњар Фаридаро маљбур сохт, ки тањсилашро дар донишгоњ идома дињад. Њамин тавр њам шуд ва ў соњиби маълумоти олї гардид. Фарида замони донишљўї дар муассисаи таълими томактабии №10-и шањри Бохтар ба њайси ёрдамчии мураббї ва пас аз соњибмаълумот шудан, ба њайси мураббї кору фаъолият намуд. Баъдан дар кўдакистонњои №2 ва №9 низ ба њайси мураббї кору фаъолият кардааст. Фарида аз он ки омўзгориро дўст медораду мураббї шуда кор мекард, норизо нест. “Кўдаконро хеле дўст медорам, дар дунёи онњо буданро низ. Азбаски шавњарам муњољир асту ман соњиби чањор гулдухтари ќадрас, барои онњо низ бояд ваќт људо созам, то беназорат намонанд. Аз њамин хотир, тасмим гирифтам, ки корамро иваз намоям”, - идома дод ў зимни суњбат. Љодањои кору зиндагї: аз мураббї то омўзгор Фарида тўли ду сол мешавад, ки омўзгорї мекунад. Боз аз нуќтаи мушкил корро оѓоз намудааст. Дар маркази инкишофи кўдаки назди муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №4-и шањри Бохтар фаъолият дорад. Бо кўдаконе, ки барои мактаб омода мешаванд, њар рўз дарс мегузарад, бо онњо њар гуна бозичањо месозад.

Дар театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар намоишу фурўши молу маводи Њиндустон доир гардид. Чорабинии мазкур, ки аз 23 то 30 сентябри соли 2018 идома меёбад, бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон сурат гирифт.

омўзиши забони англисиро низ ба поён расонидааст. Бо вуљуди њамаи ин, шавњар мехоњад, ки Фарида њамшираи тиб шавад. Аммо ў мегўяд, ки навбатро ба фарзандон медињад. Духтари калонии Фарида њоло донишљўи бахши химияи коллељи омўзгории шањри Бохтар, дуи дигар хатмкунандаи мактаб ва чањорумї дар синфи якум мехонад. Фарзанди хурдї дар бахши гимнастика тамрин мекунад ва имсол дар мусобиќаи љумњуриявї љойи аввалро ишѓол намудааст. Дастони пурњунари Фарида Фарида бонуи ќавиирода ва хушзењн аст. Ў дар соатњои холї ба сохтани њар гуна сабадњо, навиштани ќиссањои афсонавї ва тањияи нашрияњои деворї машѓул мешавад. Инчунин, бо муњра дастбанду кокул ва њар гуна гўшворањо, бо ришта љўробу љелак мебофаду боз њунари гулдўзї низ дорад. Маъмурияти МТМУ №4 њунару малака ва таљрибаи ѓании Фаридаро ба назар гирифта, бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї ният дорад, ки дар таълимгоњи мазкур барои наврасон гўшаи омўзиши њунарњои мардумиро кушояд. Фарида тамоми барномањои телевизионие, ки дар онњо усули сохтани њар гуна ашёњоро нишон медињанд, сабт мекунаду такрор карда меомўзад. “Њатто њар шаб барномаи телевизиони “Россия”ро, ки дар он њунарманди русе бо матоъњои партовшуда њар гуна лўхтак месозад, низ бо шавќ тамошо мекунам ва баробари ў, ман низ омода мешавам. Ман бо чандин кўдакистон њамкорї дорам. Барои боѓчањо чизњои лозимаро месозам ва аз ин корам лаззат мебарам. Имсол бо нашрияи девории хеш, ки аз рўйи сужети филми тасвирии “Маша ва хирс” бахшида ба Рўзи байналмилалии муњофизати кўдакон” сохта будам, дар байни 17 мактаб љойи аввалро ишѓол намудам. Инчунин, дар арафаи љашни Вањдати миллї низ аз тарафи Раёсати маорифи вилоят барои сохтани чунин суроб бо Ифтихорнома сарфароз гардидам”, - мегўяд Фарида Латифова. Дар њаќиќат, азбаски омўзгор машъалафрўзи љањони маънавї ва нурбахши зиндагї мањсуб мешавад, ин рисолат ўро дар љомеа сазовори обрў ва эњтироми хоса гардонидааст. Муаллимоне чун Фарида, пеш аз њама, афрўзандаи чароѓи дурахшони илму донишанд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Дар корњои ободонї сањм мегиранд Дар њашт моњи соли 2018 иљрои наќшаи андозњо ва дигар пардохтњои њатмї бо назардошти андози иљтимоии ѓайрибуљетї дар вилояти Хатлон ба андозаи 100,0% таъмин гардид. Ба љойи 847 миллиону 362,5 њазор сомонии пешбинишуда ба буљет 847 миллиону 716,0 њазор сомонї ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондињандањои наќшавї 354 њазор сомонї ва нисбат ба маблаѓњои дар њамин давраи соли 2017 воќеї љамъоваригардида ба андозаи 85,8 млн. сомонї ё худ 11,2% бештар мебошад. Кормандону масъулини маќомоти андоз дар ин баробар корњои ободониро бахшида, ба љашни 30 -солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон хуб ба роњ монда, љидду љањд доранд, ки гирду атрофи бинои маъмурии идораро зебову сабзу хуррам гардонанд. Рўзи

шанбеи гузашта њамагон ба њашари умумї баромада, заминњои назди маќомотро нарм намуда, њаргуна гулњои ороишї шинониданд. Дар ин хашар тамоми кормандони маќомоти андози вилоят ширкат варзиданд. Њамчунин, бинои маъмурии маќомот пурра таъмиру тармим гардида, бо воситањои техникї муљањњаз шудааст. Ин имкон медињад, ки ходимони андоз дар шароити мусоид фаъолияти хешро идома дињанд. То анљоми љамъбасти моњи сентябр, яъне љамъбасти семоњаи сеюми соли равон рўзњои ба шумор боќї мондааст. Аз ин рў, нозирони маќомоти андози вилоят бањри сифатнок таъмин намудани нишондињандањои Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи буљети давлатї барои соли 2018” тамоми донишу малакаи худро равона месозанд. Зафарљон АЗИЗОВ, “Хатлон”

Олами рангини Њиндустон дар Хатлон Дар рўзи ифтитоњи намоиш - фурўши мањсулоти кишвари Њиндустон намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва палатаи савдо ва саноати вилоят ширкат доштанд. Тавре ки Роњбари давлат дар Паёмашон ба Маљлиси Олї таъкид доштанд, Љумњурии Тољикистон дар замони соњибистиќлолии худ њамкорињои густурдаи минтаќавиро воситаи муњимтарини њалли масъалањои иќтисодиву тиљоратї, иљтимої, экологї ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказї дониста, љонибдори тањкими муносибатњои байни њамдигарии мардумони минтаќа бар пояи дўстї ва њусни эътимод мебошад. Баргузор гардидани чорабинињои мазкур дар сатњи вилоят ва љумњурї

шањодат аз он медињад, ки сиёсати оќилонаи дарњои кушодаи Роњбари давлати мо бањри равобити дўстонаю њамкорињои дуљониба миёни тамоми кишварњои љањон заминањои мусоид фароњам меоварад. Сокинони маркази вилоят ва шањру навоњї лањзае ба олами рангину афсонавии мардуми њинд ворид гардиданд. Зеро дар ин намоиш мањсули дастони њунармандони њинд, аз љумла, мизу курсињо, мањсулоти заргарї, либосњои кўдакона, пойафзол ва дигар мањсулоти ѓизої ба фурўш бароварда шуд. Садои мусиќї, раќсу сурудњои мардуми њинд бо оњанги љаззоби хеш диќќати иштирокдорони намоишро ба худ љалб намуда, њамарўза садњо нафар аз ин намоиш дидан менамоянд. ВАХШОНА, “Хатлон”

ЊАМАДОНЇ. ОМОДАГЇ БА ХИЗМАТИ ЊАРБЇ Дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї бо ибтикори Кумитаи иљроияи ЊХДТ ва ташкилоти љамъиятии “Созандагони Ватан” роњпаймоии љавонон тањти шиорњои “Хизмат шараф аст”, “Садоќат ба Президент”, “Хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон - вазифаи њар як шањрванд” баргузор гардид. Илёсиддин Набиев, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњия, зимни тасдиќи ин хабар ба рўзномаи “Хатлон” гуфт: “Роњпаймоии љавонон љињати иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28 августи соли 2018, №1095 “Дар бораи ба эњтиёт рухсат додани хизматчиёни њарбие, ки муњлати муќарраргардидаи хизмати њарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шањрвандони солњои таваллуди 1991-

2000 Љумњурии Тољикистон ба хизмати њарбї” гузаронида шудааст. Роњпаймої аз майдони Исмоили Сомонї оѓоз шуда, то ќисми низомии 0307-и Ќўшунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон идома ёфт”, - афзуд ў. - Мо-љавонон хизмати МодарВатанро сарбаландона адо намуда, содиќ будани худро ба ватан, давлату миллат нишон медињем, - иброз намуд Н. Бобокалонов, аскари ќаторї. Дар идома илова намуд, ки таъмини бехатарї, амнияти давлат, њимояи марзу бум ва сулњу субот дар кишвар мањз аз артиши миллї вобастагї дорад. Бино ба иттилои манбаъ, иштироккунандагони роњпаймої аз ќисми низомии мазкур дидан намуданд. Ф. БОБОЕВ, “Хатлон”

ЊАЉМИ МАЊСУЛОТИ САНОАТЇ ДАР ВИЛОЯТ АФЗУД Тибќи маълумоти оморї дар вилоят ба ќадри 3 миллиарду 237 миллиону 692 њазор сомонї мањсулоти саноатї истењсол гардид. Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, дар саноати истихрољи маъдан 124 миллиону 4 њазору 300 сомонї мањсулот бароварда шудааст, аз он љумла истихрољи маводњои энергетикї 110,1 фоиз, ѓайриэнергетикї 123,8 фоизро ташкил дод. Њаљми истењсолот дар саноати коркард соли 2018–ум 1 миллиарду 397 миллиону 779 њазору 600 сомониро ташкил кард, ки аз он мањсулоти хўрокворї якљоя бо нўшокињо ва тамоку 414 миллиону 429 њазору 900 сомонї, истењсоли нассољї ва дўзандагї 330 миллиону 313 њазору 200 сомонї, истењсоли таљњизоти барќї 7 миллиону 292 њазору 700 сомонї, истењсоли њар гуна мањсулоти ѓайрифилизии маъданї 521 миллиону 378 њазор сомонї мебошад.

САРШУМОРИ ЧОРВО ЗИЁД ШУД Дар вилояти Хатлон саршумори чорвои калон 946 њазору 315 сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2017-ум 15 њазору 341 сар зиёд аст. Саршумори гўсфанду буз 2 миллиону 334 њазору 61 сар ва асп 59 њазору 412 сар афзуд. Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, дар хољагињои љамъиятї ва дењќонии вилоят 120 њазору 43 сар гўсола гирифта шудааст, ки

нисбат ба соли 2017-ум 567 сар зиёд мебошад. Гўсолагирї аз сад сар модагов дар вилоят 51-сариро ташкил дод. Наслгирии барраю бузѓола дар вилоят 176 њазору 102 сарро ташкил дода, нисбат ба соли 2017-ум 988 сар зиёд шудааст. Наслгирї аз сад сар меш дар вилоят 96-сариро ташкил кард. Инчунин, 2 њазору 676 сар тойча гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 123 сар зиёд мебошад. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»


Мањкум мекунем! Мусаллам аст, ки дар љомеа њар ќадар таассубу хурофоти динї - мазњабї реша давонад, њамон ќадар заъфи равонї, ахлоќї, маданї ва сиёсї-мафкуравї дар рўњи иљтимої тасаллут пайдо намуда, динамикаи тањаввулу инкишофи зењнию аќлониро бозмедорад. Дар сохтани фазои хурофоту таассуби динї - мазњабї, ки батадриљ дар љомеаи мо нуфуз пайдо карда, њанўз њам реша дорад, наќши ташкилоти террористї - экстремистии Њизби нањзати исломї ва фазлфурўшињои элитаи фирории он назаррас аст. Роњбарияти ТТЭ ЊНИ дар дањсолаи наздик сабабгори љањолатгаро, хурофотї ва мутаассиб шудани ќисмати зиёди мардум гардидааст ва ќасдан шароити мусоиди анљоми фароизи диниро, ки давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба мардум додааст, нодида гирифт ва њатто имрўз њам фирориёни нањзатї дар хоки бегона туњматзанињою ѓаразкорињоро алайњи Њукумат идома медињанд. Бояд тазаккур дод, ки дар миќёси фазои пасошўравї ТТЭ ЊНИ ягона њизби сиёсие буд, ки озодона дар њудуди љумњурї фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сўиистифода намуда, билохира (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба исёни сиёсиву низомї дар ќолаби амалкарди Абдуњалим Назарзода зад, ки паёмади он ба њама маълум аст. Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони нањзатї, ки дар исёни сиёсї низомї бевосита ё бавосита даст доштанд,

аз сўйи маќомоти дахлдори давлатї боздошт шуданд. Дар хотир мондааст, ки дар љараёни бозпурсї ва мурофиаи судии аъзои Раёсати олии ТТЭ ЊНИ чанд нашрияи мустаќил ва баъзе расонањои хориљї аз ин иќдоми сариваќтии давлат ва Њукумати љумњурї интиќод намуда, рўйирост аз нањзатиёни боздоштшуда беасос њимоят карданд. Албатта, њимоят ва пуштибонии моддию маънавии

ќарор доранд ва барои роњандозии он дар хориљ аз кишвар барои пиёда намудани барномањои сиёсию низомї дар минтаќа сармояи «сањњомон»-ро њадафмандона љўста ва мељўянд. Мањз аз тариќи сармояи «сањњомон» расона ва торнамои њизб дар хориљ фаъол буда, барномањои иѓвогарона ва муѓризона интишор медињад ва њар гуна иттињоми нораворо ба давлати миллї мезанад. Хабару гузоришњои расонањои нањзатї

Салтанатхоњии Кабирї ЊНИ-ро ба созмони террористї табдил дод ТТЭ ЊНИ ва саркардагони он аз љониби баъзе кишварњо, созмонњо, нињодњои сиёсии берунї далели худро дорад. Далели аслї он аст, ки нињоду созмонњо ва баъзан кишварњои алоњида бо нањзат њамкории чандсамта дошта, тавассути њамкорињо ниёзњои худро дар минтаќа бароварда месохтанд ва имрўз њам аз лоињаи ба ном «нањзат» васеъ истифода мебаранд. Ин аст, ки то имрўз баъзе доирањои сиёсию њуќуќии ѓарбї аз ТТЭ ЊНИ ба унвони њизби «муътадил, љабрдида ва пешрафта» ёд мекунанд. Аслан, онњо хуб медонанд, ки роњбарияти њизб дар ботин чї наќшаву тарњњоеро рўйи даст дошта, он барномарезињо њанўз дар зењни пешвои фирории нањзат М. Кабирї ва њаммаслаконаш

ва хабаргузорињои пуштибони он аз сиёсати давлат ва Њукумат дар ќиболи ТТЭ ЊНИ ва муљримони он шадидан интиќод карда, њамарўза зиндонї кардани ононро ѓайриќонунї арзёбї менамоянд. Дар њоле ки њуљљат, аснод, шавоњид ва далоили шайъие вобаста ба кирдори хашину тавтеасозии нањзатињо рўйи дасти маќомоти тафтишотї ќарор доранд. Мутаассифона, имрўз њам дар љисму рўњи аксари кулли муљримини нањзатї метавон дарди султагирї ва тамомиятхоњиро ба хубї мушоњида кард. Мунтањо, ѓаризањои ќудратталабию салтанатхоњии роњбарияти њизб буд, ки ТТЭ ЊНИ-ро ба созмони террористї ва экстремистї бадал карда, миёни мардум беобрў сохт.

То имрўз дар робита бо муљримини њаводиси ибтидои моњи сентябри соли 2015 аъзои Раёсати олии ЊНИ пайравон, ихлосмандон ва пуштибонони дохилию хориљии нањзат садо баланд намуда, њукми додгоњро ѓайриодилона унвон мекунанд. Маълум аст, ки роњбари фирории нањзат ва «обсофкунњояш» чун анъана аз беадолатии додгоњ дар Љумњурии Тољикистон ба созмонњои дифоъ аз њуќуќи башар шикоят мебаранд, гилагузорї мекунанд ва бо ин роњ худро «мусичаи бегуноњ» нишон медињанд. Охир то ба кай «худсафедкунї»-и нањзатї идома меёбад ва то кай ин авомфиребї, ки оќибат мунљар ба дарњамбарњамињои иљтимої, нобоварию нофањмињои мардумї мегардад, давом мекунад? Воќеан, агар аз тариќи ќонунї пеши роњи силсилаи фитнаангезињо, назарфиребињо, найрангбозињо, тамомиятхоњињо, ѓаразгўйињо, кинаварзињо, бегонапарастињо, љањолатписандињо, ки бо њавои сиёсати нањзатї њамоњанганд, гирифта намешуд ва муљриёни ин сиёсати авомфиреб ва дунявиятситез муљозот намешуданд, адолат зери суол мерафт ва давлату Њукумати Тољикистон назди мардум ва халќ мебоист посухгў мебуд. Аз љониби дигар, элитаи сиёсии нањзатї дар пайи эљоди хусумат, ноамнї ва муњимтар аз њама, густариши хурофоту таассуби динї - мазњабї љиддї «иќдом» карданд, ки ин навъи фаъолият то имрўз њамчунон идома дорад. Э. Зарифзода, омўзгор аз ноњияи Љайњун

Моро бо чї метарсонанд?! Соли сипаришуда пур аз тањаввулоту рўйдодњо ва дигар шудани асосњои ќаблан хеле устувори низоми байналмилалї буд. Ба вуљуд омадани алангаи нави мухолифату низоъњо дар Шарќи Наздик, алалхусус буњрони Афѓонистон, Ироќ, Сурия, Бањрайн, Яман ва бархе аз кишварњои африќої ва Осиёи Љанубу Шарќї ба густариши бесобиќаи терроризми байналмилалї ва љинояткории муташаккил, муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъаовар ва силоњ, шиддат гирифтани мушкилоти экологї ва иљтимої, хуруљи беморињои наву басо хатарноки сирояткунанда, коњиш ёфтани нуфузи нињодњо ва асосњои њуќуќи инсон ва равобити байналмилалї заминагузорї намуд. Њодисањои охирини љањон бори дигар исбот намуданд, ки набудани маќсаду мароми ягона, истифодаи стандартњои дугуна ва нигоњ ба гурўњњои тањрибкор дар байни ќудратњои љањонї ва минтаќавї мубориза бо ин зуњуротро кунд кардааст. Доирањои фурсатталаб

3

ХАТЛОН

панљшанбе, 27 сентябри соли 2018, №36 (3173)

аз заифии як љомеа ва надоштани њомии ќавии бозингари сатњи љањонї, мањрум будан аз ќудрати муњофизатї, надош-тани силоњњои замонавии дурбурд истифода бурда, ќудратњои минтаќавию љањонї ба он кишвар бо бањонањои гуногун њуљум мекунанд, ба нобудшавии ќавму миллат, инфрасохтор, ѓорати сарвати моддию маънавї, тањриб ва мањви фарњангу оинњо сабаб мешаванд, ки инро дар мисоли мамлакатњои дар боло зикрнамудаамон дида метавонем. Омилњои пайдоиш ва хуруљи ин нобасомонињо исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм аз як љониб чун вабои аср хатари глобалии љиддї буда, аз љониби дигар, аъмоли он гувоњ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазњаб надорад, балки як тањдиди умумї ба љомеаи башарї ва ба љони њар як сокини сайёра аст. Гарчанде сиёсати давлатии Њукумати мамлакати мо дар доираи њусни тафоњум ва эњтиром ба арзишњои миллию байналмиллалї асос ёфта, бо ягон давлат ва фарњангу љомеа нияти

бад ва тањдид надорад, аммо аз тоифањои бадхоњу њасуд эмин намондааст... Воќеањои рўзњои охир нишон доданд, ки њодисањои чанде ќабл ва пеш аз он низ силсилаи як занљиранд, доирањои бехирад ва нисбати миллату давлати мо бадандеш ба хотири устувор кардани ќудрати худ дар мамлакати мо ва минтаќа аз њељ амалу кирдор рўй наметобанд ва дар бисёр маврид маслињатандеши њамаанд. Бо маќсади амалї кардани кирдори зишти худ зери парчам ё либоси дигарон медароянд ё шиорњои гуногунро истифода мебаранд, то ин ки махфї боќї бимонанд. Тинљию амонї, озодию истиќлоли комили сиёсї, вањдати миллї, њамаќида будан ва муттањидии мардуми мамлакат бо барномањои дурандешона, созанда ва мардумсолоронаи њукумати миллї, бо сарварии Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, рушди бо мароми иќтисодї, рашку њасади чунин доирањоро овардааст, ки онњо имрўзњо ором ниша-

ста наметавонанд. Гурўњакњои бадандеш мехостанд, ки бо ин амалњои худ љомеаи љањониро тарс дињанд, нишон дињанд, ки љомеаи мо чандон воњиду мамлакатамон амн нест, мардуми мо нисбати дигар халќу миллатњо дидгоњи нек надоранд ва аз татбиќи барномањои созанда ва дидгоњи сиёсии њукумати ватани худ норозианд, умуман, тољикон миллати тањаммулпазир ва мењмоннавоз нестанд. Хулоса, аъзоёни ин гурўњи љиної як њадаф доштанд: ноором кардани субот, ба вуљуд овардани фазои тарсу вањм дар љомеа ва иснод овардан ба нуфузи Тољикистон дар арсаи байналмилалї. Вокуниши љомеаи кишвар ба ин кирдорњои нангин ба чашми саркардагону тарроњони он хок пошид ва гувоњї аз он дод, ки чунин нест, баръакс, миллати куњанбунёд, фарњангофар ва суннатии мо тинљию амонї ва эњтиром ба дигар миллату фарњангњоро болотар аз дигар арзишњо мегузоранд ва зидди љанг ва харобкорї мебошанд. Ба маќомоти њифзи

Кабирї ва њаммаслакони иѓвогари ў чї мехоњанд? Барои пойдории сулњу суботи Тољикистон кам зањмат сарф нашудааст. Сулњофарии тољикон барои дигар давлатњо намунаи ибрат ва омўзиш аст. Созмони Милали Муттањид барои ин иќдоми нодири сулњофарии тољикон бањои баланд дода, ба дигар давлатњо дастур дода шуд, ки аз ин таљрибаи нодир дар кишварњои худ истифода баранд. Аммо имрўзњо, чуноне ки телевизион тамошо мекунем, дар минтаќањои гуногуни олам хавфу тањдид, оташи љангу низоъњои мањзабї давом карда, одамони бегуноњ ба њалокат мерасанд. Имрўз тамоми мардуми кишвар шоњид аст, ки назњатиён бо мазњаби худ чї карда истодаанд. Изњороти яке аз муассисони Њизби нањзати исломї Айёмиддин Сатторов дар як намоиши телевизионї пурра сирру асрори њизбиёни мољарољў, фитнаангез, људоиандози миллатро фош кард. Аз суханронии ў маќсади нопоки саркардањои Њизби нањзати ислом ва љонибдоронаш аз Љумњурии Исломии Эрон ошкор шуданд, ки одамон кї ва чї будани таъсисгари онро фањмиданд. Мардум имрўз роњбари собиќ њизби нањзат Муњиддин Кабириро, ки дар давлатњои гуногуни олам, аз љумла дар давлатњои Осиё ва Аврупо баромад карда, бо факту далелњои беасос роњбарони мамлакати моро бадном карданї мешаванд, бояд бидонанд, ки умри туњмату буњтон кўтоњ аст. Ў аз номи мубораки дини мубини ислом ба манфиати худ сухан ронда, бо ин амал бегуноњии худро исбот карданї мешавад. Кабирї бояд дарк кунад, ки имрўз мардуми Тољикистон кї будани ўро ба хубї медонанд. Њоло солњои навадуми ќарни бист нест, ки одамон ба шумо зуд бовар кунанд. Мардум то имрўз аз чандин санљиш гузашта, акнун неку бадро ба хубї фарќ мекунанд. Он чиз ташвишовар аст, ки ќавму миллатњо барои васеътар доман пањн кардани фаъолияти онњо имконият фароњам меоваранд. Њадафи давлати мо баќои инсоният, пешгирии њама гуна низоъ, таъмини сулњу субот аст. Вале оѓози њазораи сеюм ноором буда, ба сари инсоният мушкилоти зиёд, мољароњои сиёсї, љангу хунрезињои мазњабиро пеш овард. Як ќатор давлатњои дунё, ба монанди Сурия гирифтори њамин гуна мољаро гардида, оќибат аз љанг хароб гашт. Мо тавассути телевизион тамошо карда, аз матбуоти даврї мутолиа менамоем, ки дар чандин давлатњои мусалмоннишин бар асари дахолати хориљиён манзилњои зисти ањолї, шањрњо, мањалњо сўхтаю валангор гашта, одамони бегуноњ ба њалокат расидаанд. Ин моро водор менамояд, ки ба вањдат, сулњу дўстии байни одамон аз њарваќта дида бештар ва љиддитар эътибор дињем. Мо-тољикон аз чандин санљишу имтињонњои зиндагї гузашта, мушкилоту харобкорї, биноњои сўхтаю валангоршударо дар ибтидои солњои навадуми асри гузашта дида, дар барќароркунии онњо дањсолањо зањмат кашидаем. Бо камоли ифтихор бояд гуфт, ки имрўз мардуми мо дар атрофи Роњбари хирадманди худ, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон сарљамъу муттањид буда, њадафњои стратегии давлатро њифз карда, ба дастовардњои арзандаю сазовор соњиб мешаванд. Вобаста ба талаботи замон, ташаккули тафаккури одамон муњим буда, аз ин љињат корњои тарбиявї бояд вусъат дода шавад. Дар маљмўъ, маќсаду мароми Њукумати Љумњурии Тољикистонро баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии одамон мебошад. Мутаассифона, баъзе љавонони гумроњшудаи тољик ба сафи љангчиёни њаракатњои террористиву ифротгаро

њамроњ шуда, дар муњорибањои давлатњои хориљї иштирок доранд, ки ин нињоят ташвишовар мебошад. Бинобар ин, як ќисми онњо дастгир шуда, ба љавобгарии љиноятї кашида шудаанд. Нањзатиён аз њодисањои хунини соли 1992 хулоса набароварда, бо найрангу фиреб ва фитна мехоњанд одамонро ба мисли солњои навадуми ќарни бист, барои ба маќсадњои нопоки худ расидан, ба майдон кашанд. Вале одамон дигар ба доми ин найрангбозони сиёсї намеафтанд. Мардуми шарифи љумњурї аз найрангњои онњо огоњ гашта, њушёрии сиёсиро аз даст надода, ватанро аз нањзатиёни хиёнаткор њушёрона ва устуворона муњофизат менамоянд. Бояд дар ин рўзњои тинљу осуда он лањзањоеро низ ба хотир оварем, ки оламиён мамлакати моро чун макони љангзада тавассути телевизион тамошо карда, барои хотима бахшидан ба он андешаронї менамуданд. Он солњои фалокатбор бо ранљу зањматњои зиёди Сарвари давлат ватанамон аз вартаи њалокат наљот ёфт. Имрўз њам баъзе хоинони миллат ба мисли Муњиддин Кабирї бо кумаки зархаридони хориљї мехоњанд кишвари осоиштаи моро ноором созанд. Бадномкунї, туњматбофї хоси Кабирии роњгумзада аст, ки имону мазњаби худро фурўхта, теша бар решаи хеш мезанад. Амалњои нангини террористиву ифротгарої барои дини мубини ислом бегона мебошад. Вале тангназарону њокимиятхоњон исломи покро бо ѓаразњои сиёсии худ омехта карда, бањри ноором сохтани давлатњои алоњидаи олам истифода бурда истодаанд. Ин бадхоњони миллат бо маќсади амалї намудани наќшањои ѓаразноку хатарноки худ аз расонањои хабарї, шабакаи интернет истифода карда, ѓояњои экстремистиро таблиѓ намуда, сафи худро аз њисоби љавонон афзун кардан мехоњанд. Вале љавонони хушбахту соњибсаодати мо зиракї, њушёрии сиёсиро аз даст надода, бо гурўњи ифротгаро њамроњ нашуда, њифзи муќаддаси ватанро аз гўшаи имон медонанд. Муњиддин Кабирї барин хоинони миллат дастовардњои кишвари бињиштосоямонро нодида мегиранд. Онњо дарбадар гашта, аз њаќиќат чашм мепўшанд, бо бофтањои хаёлї Сарвари давлат ва ватани соњибистиќлолу соњибтамаддуни моро ба таври ѓаразнок туњмат мекунанд. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо боварї ва дилпурона чунин мегўяд: “Њарчанд истиќлоли мо љавон аст, вале решањои он ба умќи таърихи пурифтихори халќамон мерасанд ва аз муборизањои фидокоронаи њазорон нафар фарзандони далеру ќањрамони миллатамон, ки дар роњи озодиву истиќлоли сарзамини аљдодиамон љон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд”. Фарзандони далеру диловар ва љоннисори ватани мањбубамон њамеша кишвари азизу муќаддаси хешро содиќона њифз намуда, ба ќадри озодию ободї, оромиву осоиштагї, њаёти хушу хуррам мерасанд. Муњиддин Кабирї ва њаммаслакони ў айби худро надида, аз пайи љустани айби дигаронанд. Бояд бадхоњони миллат бидонанд: “Бадхоњи касон њељ ба маќсад нарасад”. Гузаштагонамон низ бењуда нагуфтаанд: Бад макун, ки бад афтї, Чањ макан, ки худ афтї. Б. САЙДАЛИЕВ

њуќуќ имконият фароњам оварданд, ки дар кўтоњтарин муддат аъзоёни гурўњњои тахрибкорро дастгир ва безарар гардонанд. Миллати мо дар гузаштаи начандон дур шањди чунин бегонапарастию парокандагї ва њамдигарнофањмињоро чашидааст, аз ин сабаб њамеша љонибдори сулњу амонї, љонибдори њукумати устувори миллї, љонибдори истиќлолият ва вањдати миллї мебошад. Гурўњњои тахрибкору бегонапараст дар ягон гўшаи ватани мо дигар макони амн ва пойгоњи мувофиќ, инчунин дар љомеа тарафдор ёфта наметавонанд. Талошњои якљоя ва дастаљамъонаи љомеаи љањонї, барои сулњу субот ва амният асоси эмин нигоњ доштани сайёра аз экстремизм ва терроризм мебошад. Бинобар ин, њар як фарди љомеа, њар як тољик ва мусалмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинљиву оромї, пешрафту тараќќиёти ватани азизамон шукр намуда, алайњи террористу экстремистњо, ки номи миллату давлати моро ба бадї олуда кардан мехоњанд, бетараф набошад. М. Абдуќодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон

Лоињаи Ташкилоти љамъиятии Ассотсиатсияи миллии занњои соњибкори Тољикистон тањти унвони “Соњибкории бонувон воситаи васеъ намудани њуќуќ ва имкониятњои занон” дар доираи ташаббуси “Озуќворї ба хотири оянда”аз љониби Ољонсии Иёлоти Муттањидаи Амрико оид ба рушди байналмилалї дастгирии молиявї ёфта, ба фаъолияти расмии он моњи октябри соли 2014 оѓоз бахшида шуд. Татбиќи лоиња дар аввал њашт шањру ноњияи њадафии вилояти Хатлон (Бохтар, Кўшониён, Вахш, Љалолиддини Балхї, Љайњун, Абдурањмони Љомї, Ќубодиён, Шањритўс)-ро дар бар мегирифт. Баъдан соли 2017 ба минтаќањои фарогири лоиња боз панљ шањру ноњияњои вилоят (Левакант, Хуросон, Дўстї, Носири Хусрав, Ёвон) зам карда шуд.

ЛОИЊА БО МУВАФФАЌИЯТ БА АНЉОМ РАСИД

Маќсади лоињаи “Соњибкории бонувон воситаи васеъ намудани њуќуќ ва имкониятњои занон” паст намудани сатњи камбизоатї тавассути љамъ намудани иќтидори занон дар силсилањои ташаккули арзиш ва љалб гардидани онњо, баробарї, дастрасї ва идоракунї мебошад. Татбиќи амалии лоињаи мазкур аз фаъолиятњои зерин иборат буд ва лоиња дар ин давра ба њамаи наќшањои пешбинишуда ноил гардид: - пешбурди занони аз љињати иќтисодї ѓайрифаъол бо маќсади фаъол гардонидани онњо тавассути доир намудани бизнес- тренингњо, курсњои касбї ва фокус- гурўњњо дар тамоми минтаќањои фаъолияти лоиња; - васеъ ва бењтар гардонидани муњити кории занњои соњибкор, аз љумла њаракат дар самти сатњњои нисбатан баланди силсилаи ташаккули арзиш, инчунин инкишоф дар намуди ташаккули мањсулот ва хизматрасонињои нав, зиёд намудани љойњои корї ва машѓул будан бо даромаднокї, баќайдгирї фаъолиятњои пештар ба ќайд гирифтанашуда; - ба даст овардани муносибати мусбї ба занњои соњибкор тавассути баргузории чорабинињои таълимї байни занон, љавонон, њамкорї бо Њукумат. Дар давоми чањор соли сипаригардида 7 њазор нафар сокинон, асосан занон аз лоињаи “Соњибкории

дод. Њадаф аз ташкили марказњои омўзишї – љалби занону духтарон ба њунаромўзї ва ба ин васила дастгирии онњо дар самти оѓоз ва рушди фаъолияти соњибкорї мебошад. Њамчунин, ин марказњо барои коњиш додани сатњи бекории занон дар дењот, фаъолгардонии онњо ба касбомўзї, њифзи њуќуќу манфиатњои иќтисодї ва ба соњибкорї рў овардани онњо нигаронида шудааст. Вилояти Хатлон, ки минтаќаи калонтарини аграрии љумњурї ба шумор меравад, яке аз сарчашмањои асосии даромади ањолї истењсол ва фурўши мањсулоти кишоварзї мебошад. Ин аст, ки дар њудуди ноњияњои пилотии лоиња, ќитъањои намоишии истењсоли ќулфинай ба таври муосир, парвардахонаи истењсоли навнињолњои хушсифати ќулфинай, гармхонањо барои истењсоли кўчатњои сабзавоти барваќтї бо усули муосир ташкил карда шуда, ба ихтиёри бонувон вогузошта шудааст. Барои баланд бардоштани малакаю мањорат, мубодилаи таљриба, ба роњ мондани њамкорињои тиљоратї ва бењтар намудани даромади молиявии соњибкорзанон 114 нафари онњо ба сафарњои омўзишии минтаќањои гуногуни љумњурї, аз љумла асосан вилояти Суѓд ва 51 нафари онњо ба сафарњои кўтоњмуддати омўзишї ба кишварњои Туркия, Латвия, Гурљистон, Ўзбекистон ва Ќирѓизистон фиристода шуданд.

бонувон воситаи васеъ намудани њуќуќ ва имкониятњои занон” бањравар шуданд. Дар ин давра 240 маротиба бизнес-тренингњо, 160 омўзишњои касбии гуногун ва кўтоњмуддат (дўзандагї, пазандагї, машшотагї ва монанди инњо) 132 маротиба агротренингњо ва рўзњои кушоди сањрої ташкил ва гузаронида шудааст, ки дар онњо беш аз 7 њазору 700 нафар иштирок намудаанд. Њамчунин татбиќи лоиња ба њифзи њуќуќу манфиатњои соњибкорзанон, њамкорї бо маќомоти давлатї дар самти бењтар кардани фазои соњибкорї, кашфи захирањои тиљоратии нав, таъмини рушди дастрасии занон ба бозорњо, молия ва технологияњо равона карда шуда, дар ин самтњо низ як ќатор мизњои мудаввар ва вохўрию мулоќотњои судманд бо сохторњои назоратии давлатї гузаронида шуд. Дар асоси наќша-чорабинињои муайянгардида, аз моњи октябри соли 2014 то октябри соли 2018 лоиња ба чунин нишондињандањо ноил гардид: - 425 нафар занон фаъолияти соњибкории худро оѓоз намуданд; - 569 нафар занон фаъолияти соњибкории худро рушд доданд; - 47 нафар занон фаъолияти соњибкории худро расман ба ќайд гирифтанд; - 127 нафар занон маслињатњои инфиродї ва ёрии амалии њуќуќї гирифтанд; - 133 нафар занон маслињатњои тиљоратї ва иќтисодї гирифтанд; - 24 нафар занон бо гармхонањои њозиразамон таъмин карда шудааст, ки дар онњо истењсоли навнињоли сабзавоти барваќтї бо таври муосир ба роњ монда шудааст. Дар ин баробар лоиња барои бонувон марказњои омўзиши адрасбофї ва дўзандагї дар шањри Бохтар, дўзандагї дар ноњияи Ќубодиён, ќаннодї ва њушккунии мева дар ноњияи Вахш таъсис

Озмуни Бонуи соњибкори сол Љоизаи “Фарањ” њар ду сол як маротиба дар сатњи љумњурї гузаронида шуда, муаллифи ѓояи он Раиси Раёсати Ташкилоти љамъиятии Ассотсиатсияи миллии занњои соњибкори Тољикистон Гулбањор Мањкамова мебошанд. Дар давраи тадбиќи лоињаи болозикр низ дар солњои 2016 ва 2018 баргузор намудани ин озмуни бонуфуз рост омад, ки дар он ќариб 8 њазор соњибкорзанони мамлакат ширкат варзиданд. Ин барои худбањодињї ва муаррифии бањрагирандагони лоиња низ хеле имконияти хуб буд. Онњо дар баробари дигар соњибкорзанон дар озмун иштирок намуда, бархеашон ба ѓолибият мушарраф гардиданд. Ѓайр аз ин, дар чањорчўбаи лоињаи “Соњибкории бонувон воситаи васеъ намудани њуќуќ ва имкониятњои занон” дар минтаќаи Бохтари вилояти Хатлон озмуни њунармандии “Армуѓон-2017” гузаронида шуд, ки шумораи зиёди соњибкорзанонро ба њам овард. Ба ѓолибони ин озмун лавозимоти корї, аз љумла мошинаи дарздўзї ва ѓайра, ки дар фаъолияти соњибкориашон зарур буд, њамчун туњфа њадя карда шуд. Њамчунин онњо барои мубодилаи таљриба ва бозомўзї ба Љумњурии Ўзбекистон сафари омўзишї намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки лоиња њамзамон имконоти шабакавиеро фароњам овардааст, ки занони тамоми минтаќањои Љумњурии Тољикистон доир ба таљрибањои муваффаќ ва ѓояњои худ миёни њам табодули назар мекунанд, аз якдигар меомўзанд ва роњхои њалли мушкилоти пешомада дар тиљоратро бо маслињату машварат бартараф месозанд. Роњандозї гардидани лоињаи “Соњибкории бонувон воситаи васеъ намудани њуќуќ ва имкониятњои занон” дар оѓоз ва рушди соњибкории занон дар вилояти Хатлон заминаи боэътимод гузошта, дар таъмини устувории он наќши калидї дорад.

Умри инсон мисли оби дарё тезгузар аст. Дар ин муддати кўтоњи барои инсоният муайяншуда инсон бояд тарзе зиндагї намояд, ки дар дили одамон наќши некро монаду ўро бо некї ба ёд оранд. Чї хеле ки шоир Абўсаиди Абулхайр гуфтааст: Ин умр ба абри навбањорон монад, Ин дида ба сели кўњсорон монад, Эй дўст, чунон бизї, ки баъд аз мурдан, Ангушт газидане ба ёрон монад. Дар зиндагї боз нафароне низ њастанд, ки обрўю мавќеи худро аз даст додаанду боз мехоњанд, барои диќќати дигаронро ба худ љалб намудан ба њар гуна дасисаву иѓво даст зананд. Ба ин тоифа одамон ягон гуна муќаддасот, ба монанди миллату давлат, ору номус, шаъну шараф вуљуд надорад. Ба ин тоифа одамон саркардагони ТЭТ ЊНИ бо роњбарии Муњиддин Кабирї мисол

Инро ба касе гўй, ки туро нашносад… шуда метавонад, ки ватанро бо маблаѓу моли хољагони хориљии худ фурўхта, пешравии ватани азизи моро чашми дидан надоранд. Рафтори нољавонмардонаи ин ашхоси ањримантабиат дар љаласаи арзёбии њуќуќи башари САЊА тасдиќи гуфтањои болост. Чї тавре ки аз расонањо хабар дорем, бархўрди дар миёни як намояндаи њукумат ва фаъолони мухолифин рухдода, ин иѓвое буд, ки маќсади он љалби таваљљуњ ба њайати мухолифон ташкил шуд ва бо ин иѓво онњо мехостанд, ки худро «љабрдида» нишон дињанд. Боз шарм надошта ба идораи полиси Полша (Лањистон) аризаи даъвогї навиштаанд. Ба онњо боз бо кадом роњњо дубора њаќќи ширкат дар ин љаласа дода шуд, ин муаммост. Хаќ бар љониби сафири Тољикистон дар Полшаву Берлин Маликшо Неъматов аст, ки маќомоти САЊА набояд аъзои созмони экстремистиро ба як љаласаи њуќуќи башар роњ медоданд. Њол он ки онњо медонистанд, баъди ошўбњои мусаллањонаи моњи сентябри соли 2015 ин њизби террористиву экстремистї дар Тољикистон мамнўъ эълон карда шуда буд. Дар охир, сафир умед дорад, ки полиси Полша ба ин њодиса бањои њаќиќї медињад, чунки чанд узви мухолифин ба ин њодиса ќаноат накарда, ба дигар њаракатњои љинояткорона даст заданд. Намояндагони маќомоти Дафтари институтњои демократї ва њуќуќи башар дар Варшава гуфтанд, муноќишае, ки рўзи 11-уми сентябр миёни њайати њукуматї ва мухолифон рух дод, мавриди санљиши масъулони САЊА ќарор дода шуд. Дар љањон дигар ягон њиллаву найранге намондааст, ки Муњиддин Кабирї ва њаммаслаконаш истифода набурда бошанду тирашон хок нахўрда бошад. Шахсе, ки барои њадафњои ѓаразноки худ ба њама кор ќодир асту тамоми дилу нияти нопоки ў ба фитна олуда ва маќсадњои ѓаразноки ў дар вуљуди ў хислати инсонгариро надорад, чї тавр бо вай дар сари мизи мулоќоту гуфтушунид нишаст. Собиќ њаммаслаконаш тамоми дилу ниятњои нопоку ѓаразноки ўро фош намуданд, боз чї хел далел лозим бошад? Ватангумкарда озодї наёбад, Љањон ёбад, вале шодї наёбад. Ба чунин ашхоси аз ватану мазњабу миллат дасткашида ва хиёнаткарда дигар ягон чизи муќаддас намондааст. Миллати моро зарур аст, ки њушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба муќобили чунин нохалафон муборизаи оштинопазир барем ва нагузорем, ки чунин нохалафон ба маќсадњои нопоки худ расанд. Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маорифи ноњияи Ёвон


4

ХАТЛОН

панљшанбе, 27 сентябри соли 2018, №36 (3173)

Китоби нав

РАНЉБАР ДАР ЉОДАИ ЭЉОДЊО Дар нашриёти «Набї Фахрї»-и шањри Конибодом китоби нави журналист ва публитсисти шинохта Муќим Абдурањмонов бо номи «Аз бањор то хазон» рўйи чоп омад.

Маљмўаи мазкур аз ќисса, њикоя, очерк ва маќолањои сармуњаррири собиќи нашрияи вилоятии «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа» (њоло «Хатлон»), Корманди шоистаи маданияти РСС Тољикистон М. Абдурањмонов иборат буда, ба муносибати 80-умин солгарди ин рўзноманигори шинохта ба табъ расидааст. Ин китоби 320-сањифаї аз чањор бахш – «Ёде аз устодон, дўстон ва њамкорон», «Ќиссаву њикояњо», «Очерк ва маќолањо» ва «Садои ќалби дўстону њамќаламон» иборат аст. Дар маљмўа гулчини нигоштањои Муќим Абдурањмонов бо сабку салиќа ва бардоштњои хос рўйи сањифаи айём омада-

аст, ки навъе љамъбасти зиндагист ва онро метавон аз таълифоти муњимтарини адиб муаррифї кард. Муќим Абдурањмонов аз зумраи рўзноманигорони баном ва шинохташудаест, ки хизмати зиёда муњимму сабаќомўз дар рушди журналистикаи ватанї анљом додаанд. Муаллифи сарсухани маљмўа муњаќќиќ Субњони Аъзамзод аз љумла нигоштааст, ки «Абдурањмонов аз зумраи устодони собитќадами матбуот ба шумор рафта, толеи хуш аст, ки як насли рўзноманигор худро парвардаи мактаби рўзноманигорї ва эљоди публитсистии шахсияти мавриди назари мо мешуморанд. Осори адабиву публитсистии Муќим Абдурањмонов ба манзури огоњиву бањрамандии густурдаи хонандагони сатњи мухталифи љомеа эљод шуда, аз онњо бо маљрои бебозгашти бунёдкорї ва созандагии наслњои гуногуни замони муосир, табиату сиришти мардони камназири кору зањмат, ањли сиёсату иљтимоиёт, фарњанг, илм, адабиёт ва њунар ошної пайдо кардан мумкин аст. Ин осор бо сабкњои ќобили таваљљуњ ва созгор ба табиату сиришти мардуми кишвар эљод шудаанд». Дар ин маљмўа инчунин ёддошту табрикоти собиќ роњбари дастгоњи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Н. Абдулвањњобов, сармуњаррири собиќи рўзномаи «Садои мардум» Б. Абдулвоњидов, журналистони њамкору шогирдони соњибноми муаллиф М. Абирї, С. Бобохонов, Б. Сайдалиев, Т. Бойбобоев, Н. Нурзод, М. Маќсудов, М. Мирзорањматов, Г, Ќосимзода, Т. Давлат ва дигарон љой дода шудааст. Аз он љумла, Сайдалї Бобохонов њамкору дўсти Муќим Абдурањмонов, ки дар замони сардабири нашрияи вилоятии «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа» будан ба њайси

муовини сармуњаррир кор мекард, дар матлабаш «Пайѓоме аз ќалби шогирдон» навиштааст: «Ранљбар аст ў, ранљбар дар љодаи эљодњо. Солиёни дароз ранљ бурду сањифањо рангин кард, зањмат кашиду шогирдон ба камол расонд. Њар доим мегуфт, ки пешаи рўзноманигорї сангину вазнин аст, на њар кас метавонад ин бори гаронро ба дўш бигираду ба љое расонад. Муњаќќиќон муайян кардаанд душвории ин љодаро ва сахттар донистаанд азоби онро аз душвории кори наќбкан. Боз мегуфт, ки рўзнома номаи рўз аст. Вале дар асл таърих аст. Бино бар ин дањ бор мехонду боз ба муаллиф бармегардонд як маќоларо. Мехонду ќалам мезад, тањрир мекарду маслињат медод. Соате баъд ё рўзи дигар боз мепурсид муаллифро, аз нав мутолиа мекард он маќоларо. Агар писандаш наояд, менавишт андешаю мулоњизоташро дар чанд вараќ, зиёдтару бењтар аз нигориши муаллиф». Ќобили зикр аст, ки «Аз бањор то хазон» китоби 8-умини Муќим Абдурањмонов ба њисоб меравад. Очерку њикояњояш солњои гуногун дар маљмўањои дастљамъии «Истеъдодњои љавон», «Обу ободї», «Поле подвига» чоп шудаанд. Муаллифи китобњои «Шањдрез», «Ситораи Вахш», «Вахшская долина» (њамроњи шодравон Иноят Насриддин), «Хонаи дуюм» (соли 1983, дар бораи коргарони заводи трансформатори ш. Ќўрѓонтеппа), «Абри сафед», «Дурахши ахтарон», «Чароѓи афрўхта» ва ѓайра мебошад. М. Абдурањмонов 14 апрели соли 1938 дар шањри Исфараи вилояти Суѓд чашм ба олами њастї кушодааст. Хатмкардаи факултаи забонњои хориљии Донишкадаи омўзгории шањри Хуљанд (1961) ва мактаби олии њизбии шањри Тошканд (1975-1977) аст. М. Абдурањмонов собиќ муњаррири рўзномањои «Комсомоли Тољикистон» (1971-1975), «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа», «Њаќиќати Хатлон», «Навиди Вахш» (19791992), «Шуълаи умед» (1999-2000) мебошад.

Вай инчунин дар идораи рўзномањои «Коммунисти Исфара» (1956), «Тољикистони Советї» (1977-1978) кор кардааст. Солњои 1993-1999 хабарнигори рўзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суѓд буд. Солњои 1979-1992 якчанд навбат депутати Шўрои намояндагони халќи собиќ вилоятњои Ќўрѓонтеппа ва Хатлон, раиси созмони вилоятии ИЖТ интихоб гардидааст. Корманди шоистаи маданияти РСС Тољикистон (соли 1986) ва аз соли 1998 нафаќахўри шахсии дорои ањамияти љумњуриявист. Ќобили зикр аст, ки Муќим Абдурањмонов пањнои пурфарозу нишеби зиндагї ва роњи пурмуаммои фаъолияту зањмати эљодиро пушти сар карда, огањї ва бањрамандї аз зуњуроти зиндагии шахсї ва эљодиаш барои насли замони мо муњим арзёбї мешавад. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Масъалаи муњим

КАЙ АЗ САГЊОИ ДАЙДУ ХАЛОС МЕШАВЕМ? Танњо дар 8 моњи имсол дар Бохтар 116 нафар аз њамлаи њайвонот осеб дидаанд Афзоиши шумораи сагњои дайду ва эњтимоли осеб дидани одамон аз онњо мояи нигаронии шадиди сокинони шањри Бохтар шудааст. Аз он љумла, бошандагони кўчаи ба номи Б. Ѓафуров мегўянд, ки шабњо аз аккоси селаи сагњои хиёбонї хоби бароњат надоранд ва аз берун баромадан метарсанд. - Бо вуљуди он ки кўчаи мо дар маркази шањр воќеъ аст, сагњои дайду зиёд мушоњида мешаванд ва шабњо гаштугузор кардан хатарнок шудааст, - изњори нигаронї кард М. Носир, сокини кўчаи ба номи А. Юсуфї. - Њатто рўзона њам шумораи афзуни ин сагњоро дар назди беморхонаи марказии шањр ва дигар хиёбонњо дидан мумкин аст, ки озодона велгардї мекунанд. Дар гузашта бисёр шунидаам, ки аз њамлаи сагњои дайду шањрвандон осеб бардоштаанд, аз ин рў, ин њолат моро ба ташвиш овардааст. Ин сокини мањаллї таъкид кард, ки барои пайдо намудани роњи њалли ин мушкил ба раиси мањаллаи Б. Ѓафуров мурољеъ шудааст, аммо бо гузашти чанд њафта њељ не, ки масъулони идорањои дахлдори шањр ба ин проблема расидагї кунанд. Дар идораи масъул ба безарарсозии сагњои дайду ба раиси мањалла гуфтаанд, ки бояд интизор бошад, чун мањви сагњо бо навбат анљом дода мешудааст. Мантиќи аљиб аст, не? Кадом навбат? Магар, бояд интизори он бинишинем, ки кай саге дарвоќеъ ба шањрванде њамла мекунад?! Дар яке аз машваратњои назоратї раиси шањри Бохтар Абдуалим Исмоилзода аз масъулон таќозо карда буд, ки сагњо, бахусус сагњои дайду ва бесоњибро, ба ќайд гирифта, мањву безарар созанд. Њамчунин раиси шањр мунтазам таќозо мекунад, ки бояд тамоми сохторњои шањрї, кумитањои мањаллањо дар њалли масъалањои сокинон расидагї намоянд. Онњо бояд масъулиятши-

сироятёбї љилавгирї шавад. Агар давоми 10 рўзи пас аз њамлаи саг ба одам, саг нафавтад, моякўбї ба инсон ќатъ мегардад. Дар њуљрањо ва шуъбањои Аксаран, маълум нест, ки ин сагњо соњиб осебшиносї мо махсус доранд ё хайр, ба ягон бемории сироятї мутахассиси рабиолог гирифтор њастанд ё не, оё эм карда шудадорем, ки дараљаи хавфанд ё на? Эњтимоли њамлаи ин сагњо ба нокии осеби гирифтаи шањрвандон зиёд аст. Ба хотири таъмини амбеморро аз њайвонот нияти шањрвандон, бахусус бехатариашон аз муайян мекунад. Аммо, њамлаи њайвонот, чї бояд кард? афсўс, таљриба нишон медињад, ки баъзан оданос бошанд ва ба арзу мурољиати мон сариваќт ба духтурон мурољиат шањрвандон вокуниши сарењ нинамекунанд, ки боиси шиддат гишон дињанд, бахусус дар њоле ки рифтани бемориашон мегардад. мавзўи бехатарии сокинон матрањ Духтурон таъкид мекунанд, ки мегардад. Магар айб нест, ки њамин њатто агар оби дањони саги бемор мавзўъро њам шањрванде дар ќабули ба чашму рўй ё дастони љабрдида раиси шањр масъалагузорї кунад? расад, вай метавонад гирифтори Ба гуфтаи мутахассисони соњаи беморї шавад, аз ин рў, ба духтур тиб, як ќисми беморињои сироятї мурољиат кардан њатмист. аз њайвони бемор ба одамон мегуТибќи маълумоти Маркази назаранд, ки онро беморињои зоонозї зорати давлатии санитарию эпидениз меноманд. Дар табиат гардимиологии шањри Бохтар, танњо дар ши барангезандаи ин беморињо зарфи 8 моњи соли љорї шумораи дар байни њайвонот сурат мегирад, осебдидањо аз њамлаи њайвонот дар яъне, асосан њайвоноти хонагї пас маркази маъмурии вилоят ба 116 аз мавриди њамлаи гургу шаѓол ё нафар расидааст, ки нисбат ба як рўбоњ ќарор гирифтан олудаи ин сол пеш 9 нафар бештар аст. Дар вирус мешаванд. Дар навбати худ ќаламрави вилояти Хатлон бошад, њайвоноти хонагї, асосан сагњо медар зарфи 8 моњи сипаришуда 2919 тавонанд ба инсонњо њамла кунанд нафар (назар ба соли гузашта 172 ва њамин тавр, онњоро мубталои нафар зиёдтар) аз њамлаи њайвонот бемории њорї созанд. Дар њолати осеб дидаанд. «Як ампула ваксинаи пайдо шудани аломатњои бемории зидди бемории њорї 75-80 сомонї њорї дар бадани инсон ва сари ваќт арзиш дорад. Онро аз дорухонањо эмгузаронї накардан табобати он тавассути дорухати табиб даѓайриимкон аст. рёфт кардан имкон дорад. Барои Ба иддаои Нурулло Бояков, духсињатёбї гирифтани се ампула зарур тури эпидемиолог, дар илми тиб аст», - зикр кард С. Назриев, котифеълан фаќат усулњои пешгирии би матбуотии Сарраёсати Хадамоти гирифторї ба ин беморї кашф шуназорати давлатии тандурустї ва дааст. Яъне одаме, ки аз саг осеб дињифзи иљтимоии ањолї дар вилояти дааст, агар зуд ба муассисањои тиббї Хатлон. мурољиат кунад, бо хости ПарвардиАммо дар баъзе њолатњо ба як гор, шифо хоњад ёфт. Ёрии аввалини ќисми ками ањолї, аз љумла ба одатиббї њам дар мавриди њамлаи саг мони камбизоат, чанде аз ваксинањо ин аст, ки одам бояд љойи љароњатро ройгон дода мешавад. Агар саг пас аз бо обу собун тоза шуста, бо спирт њамлааш ба инсон нафавтад ё бемор пок карда, йод молад. Худи њамон нашавад, љабрдида бояд аќаллан се рўз ба наздиктарин муассисаи тиббї ампула бигирад, аммо агар саг фавмурољиат кунад. Дар муассисаи тад ё гум шавад, осебдида бояд то 6 тиббї ба осебдида ваксинаи махампула ваксина ќабул кунад. сус мефармоянд, то ки аз эњтимоли

эътибор надорад Дипломи гумшудаи №0039258, ки онро соли 2011 Литсейи касбии техникии шањри Бохтар бо ихтисоси «Кафшергари барќї», гурўњи №6 ба Мењрољи Сарњадшо додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №042082 дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1992 МТМУ №3-и шањри Бохтар ба Асророва Мављуда Ахроровна додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДМБ №0025529, ки онро соли 2013 Донишгоњи давлатии Бохтар (Ќўрѓонтеппа) ба номи Носири Хусрав факултаи информатика, бо ихтисоси САКА ва И ба Зокиров Ширинбек Муњаммадович додааст, эътибор надорад.

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

Дар идораи коммуналии шањр зикр карданд, ки дар ин муассиса воњиди корї барои шикори сагњои дайду, умуман њайвоноти носолим њаст. «Барои мањви сагњои дайду мунтазам кор бурда мешавад, вале боз пайдо мегарданд, аксаран аз дењот оварда дар маркази шањр мепартоянд», - афзуд сарчашмаи хабар. Идораи коммуналии шањр бояд наќлиёти махсус ва олатњои вижаи боздошти сагњоро дошта бошад. Бояд мавзеъњои махсус ташкил карда шаванд, то пас аз боздошти сагњои велгард, онњо нигањдорї ва бо риояи ќоидањои санитарию бењдоштї мањв гарданд. Албатта, худи ањолї њам бояд дар ин кор бетараф набошад. Мутаассифона, хеле каманд одамоне, ки сагњои худро хуб нигоњубин кунанд, барояшон шиноснома гиранд, ба онњо эм гузаронанд, то ки аз беморињои сироятї эмин нигоњ доранд. Тибќи мушоњидањо, баъзе шањрвандон дар як њавлї њатто то 2-3 адад сагро нигоњдорї мекунанду агар шумораашон зиёд шуд, сагњоро ба халта андохта, ба маркази шањр оварда сар медињанд. Ин, албатта, бехатарии шањрвандонро халалдор мекунад. Дар њамин њол, дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфтанд, ки куштани сагу дигар њайвоноти дайду илољи кор нест. Ба иддаои манбаъ, бояд маќомотњои њокимияти мањаллї ва хадамотњои махсуси байторї маъракаи эмгузаронии оммавї ба сагњои хонагї ва дайдуро дар шањру ноњияњои вилоят анљом дињанд, ки ин хатари гирифторї ба бемории њориро коњиш медињад. Ба таъкиди мутахассисони хадамоти назорати байторї, аз беназоратию девонашавї на танњо сагњо, балки дигар њайвонњои хонагї низ дар натиљаи эм нагузаронидан ба касалї гирифтор шуда, метавонанд ба инсон зарар оваранд. Чунончи, соли гузашта чунин њолатњо зиёд ба мушоњида расидааст. Ба гуфтаи намояндаи идораи байторї, эмгузаронї барои чорвои љамъиятї (хољагињои дењќонї-

љамоавї) њатмї ва барои чорвои ањолї ихтиёрї аст. «Аммо шањрвандон иљозат намедињанд, ки чорвои калони шохдор ва моли майдаашонро сариваќт эм намоем. Њарчанд нархи ваксинаву хизматрасонї гарон нест, ин мушкилоту нофањмї њанўз дар миён њаст. Ваќте ки чорвояшон бемор шуду мардум дучори бемории брутселлёз мегарданд, баъд пушаймон мешаванд», - иброз дошт манбаъ. Бояд комиссияи зиддиэпидемиологии шањр дар якљоягї бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологї, идораи бойторї, хадамоти коммуналї ва худи шањрвандон барои мањву безарарсозии сагњои дайду талошњои муштарак дошта бошанд. Њаким Худойбердиев, духтури эпидемиолог ва њамзамон роњбари Маркази ташаккули тарзи њаёти солими вилояти Хатлон, сабаби аслии зиёд гаштани њодисањои њуљуми њайвоноти дайду ба одамонро дар он мебинад, ки идорањои коммуналї ба таври назаррас фаъолият наменамоянд. «Дар назди идорањои коммуналї бояд гурўњњои махсус барои боздоштану нобуд сохтани њайвоноти кўчагард фаъолият кунад. Њарчанд ин идорањо маълумот медињанд, ки фаъолият намуда истодаанд, лекин басанда ва муассир нест. Агар кори онњо муассир мебуд, имрўз шумораи њайвоноти бесоњибу велгард ва мавридњои њамлаи онњо ба шањрвандон камтар ба ќайд гирифта мешуд», - афзуд Њ. Худойбердиев. Шояд њоло ваќти он расида, ки шартњо ё ќоидањое љорї гарданд, ки масалан, шањрванд аз њуќуќи беш аз як саг доштан мањрум карда шавад, ин чунин гирифтани шиноснома ва моякўбии њайвоноти хонагї њатмї кунонида шавад. Яъне масъулияти соњибони сагњо низ бештар гардад. Мутаассифона, дар баъзе мањалњо шумораи њайвоноти хонагї номаълум аст ва шањрвандон низ чандон моил нестанд, ки ќоидањои бехатариро риоя намуда, барои таъмини бехатарии худ, бахусус кўдакону наврасон аз њамлаи сагњои дайду талош намекунанд. Ваќти сайругашт бо саг ба он фукбанд (намордник) намебанданд. Ин масъала, албатта, ба маданияти шањрвандї низ вобастагии бевосита дорад. Аммо сагњои бесоњибро кї уњда мекунад? Н. МУСТАФО, «Хатлон»

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №053678, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2001 МТМУ №8-и ноњияи Кўшониён ба Гадоева Мушкинисо додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи №904066, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1982 МТМУ №10-и ноњияи Кўшониён ба Махмудова Бибихоня додааст, эътибор надорад.

Шартномаи хариду фурўши манзили истиќоматї, воќеъ дар шањри Бохтар, мањаллаи Њољї Шариф, хонаи бераќам, ки ба Фархов Ќурбоншо Шоѓиёсович тааллуќ дорад ва дар идораи нотариалии давлатии вилояти Хатлон аз 15.08.2014 тањти №1Ш-1103 сабт шудааст, бо сабаби гум шуданаш беэътибор дониста шавад.

Шиносномаи гумшудаи техникї аз 22.09.2016, ки онро КДФ «Баќайдгирии молу мулки ѓайри манќул» дар ноњияи Кўшониён ба номи Хучаков Абдусалом дар асоси ќарори раиси ноњияи Кўшониён аз 11. 10. 2016 тањти №570 ва Сертификати њуќуќи истифодаи замин дараљаи Б № 0377829 бо суроѓаи ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти «Сарвати Истиќлол», дењаи Лоиќ Шералї њамчун моликияти шахсї ба ќайд гирифтааст, эътибор надорад.

Шиносномаи гумшудаи техникии №1Ш-613 аз 21.09.2018 ва шартномаи хариду фурўши манзили истиќоматї аз 18.12.2014, воќеъ дар ноњияи Љ. Балхї, Љамоати дењоти “Туѓаланг”, дењаи Ёш ленинчи, ки онро КДФ «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» дар ноњияи Љ. Балхї њамчун моликияти шахсї ба Бангиев Шайхидин Асоевич додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи ШТС №0091184 дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2003 литсейи давлатии №1-и шањри Бохтар ба Рахманов Азаматбек Ибрагимович додааст, эътибор надорад.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

ТАЉЛИЛИ 1160-СОЛАГИИ РЎДАКЇ ДАР ДДБ

Бахшида ба 1160-солагии сардафтари адабиёти форсу тољик, Одамушшуаро, Абўабдуллоњи Рўдакї дар Кохи фарњангии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конфронси илмиву адабї бо иштироки адибони хатлонї ва устодону донишљўён баргузор гардид. - Њар нафаре, ки дар шеърнависї ба ављи камол мерасад, боз њам мадюни шеърњои Рўдакист, - зикр намуд Озар Салимов, раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар вилояти Хатлон. - Њамаи шоирони сабки хуросонї ва ироќї зери таъсири шеърњои устод Рўдакї ќарор доштанд. Баъди пажўњиш олимони адабиёти форсу тољик ба хулосае омадаанд, ки тамоми мазмуни шеърњои Њофиз зери таъсири як байти Рўдакї эљод шудаанд. Дар идомаи конфронс профес-

сор Искандар Икромов дар мавзўи “Рўдакї ва маќоми ў дар таърихи адабиёти форсу тољик” ва донишљўи соли чоруми факултели филологияи тољик Муборак Раљабова дар мавзўи “Абўабдуллоњи Рўдакї ва жанри рубої” маърўза намуданд. - Мабно ва маншаи шеъри форсии дарї аз шеъри устод Рўдакї оѓоз мешавад. Аз њамон љўи Мўлиён, ки то њанўз “љорист”. Њарчанд, оњанги худро дар шаклњои гуногун дигар кардааст, вале лаззати чашмаи шеъри Рўдакї боќист. Устод Рўдакї дар шеър вусъате дорад, ки фаротар аз ин љањону осмонњост, - иброз дошт профессор Рустам Таѓоймуродов. Дар фарљом барномаи фарњангї аз тарафи донишљўён пешнињоди њозирин гардонида шуд. Фаромўз БОБОЕВ, “Хатлон”

МАЊФИЛИ РўДАКИХОНї Дар толори китобхонаи марказии ноњия ба ифтихори Рўзи Рўдакї бо ташаббуси китобхонаи марказї ва дастгирии бахши фарњанги ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї мањфили “Рўдакихонї” гузаронида шуд. Сараввал, Дилнозаи Ибодулло ва Љўрахон Абдуллоев, омўзгорони муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №2, оид ба мазмуну мундариљаи ашъор ва панду андарзњои шоир баромад намуда, аз зиндагинома ва хизмати шоистаи устод дар рушди адабиёти классикии тољик баромад намуданд. Њамчунин, толибилмони муассисањои таълимии ноњия аз лањзањои гуногуни њаёт ва фаъоли-

яти шоир сањначањо ба намоиш гузошта, аз эљодиёти устод порчањои шеърї ќироат намуданд. Дар рафти чорабинї аз тарафи Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњия иштироккунандагони фаъоли мањфил бо ифтихорномањо ќадрдонї карда шуданд. Дар охир, аз тарафи њунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Њошимов сурудњои баоњанг-даровардашудаи сипањсолори назми тољик Абўабдуллоњи Рўдакї пешкаши њозирин гардонида шуд. Илёсиддин НАБИЕВ, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњияи Њамадонї

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон

ОБУНА БАРОИ СОЛИ 2019 Идома дорад Рўзномаи «Хатлон» иљрои ќарору дастур ва нишондодњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилоятро ба табъ мерасонад, њамчунин рўйдодњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии вилоятро ба таваљљуњи хонандагон мерасонад. Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён зикршуда гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта, 80 сомонї мебошад. ОБУНА ДАР ИДОРАИ РЎЗНОМА ТАРИЌИ НАЌДЇ ВА ЃАЙРИНАЌДЇ ЌАБУЛ КАРДА МЕШАВАД. Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: - шањри Бохтар, кўчаи Логинов-12. Филиали «Амонатбонк-42», шањри Бохтар. С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон Таваљљуњ: музояда!

Иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён музоядаро барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќули тањти њабс ќарордошта - манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти “Заргар”, дењаи Ќизил-партизан, хонаи бераќам, иборат аз як ошёна, сохтмонаш аз хишти хом сохта шудааст, эълон менамояд. Масоњати умумии он 282 м.м, сатњи умумї 274,06, аз љумла сатњи истиќоматии он 171,84 м.м-ро ташкил медињад. Аз 9 њуљраи зист, оѓилхона, соябон, 1500 м.м иборат буда, арзишаш 200000 (дусад њазор) сомонї мебошад. Музояда 29 октябри соли 2018, соати 09:00 гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: бинои иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён. Телефонњо барои гирифтани маълумоти иловагї 8 (3245) 2-10-99, 93-300-20-47.

Таваљљуњ: музояда! Иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён музоядаро барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќули тањти њабс ќарордошта - манзили истиќоматии воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти “Заргар”, дењаи “Барои њосилот”, хонаи бераќам, иборат аз як ошёна, сохтмонаш аз хишти хом сохта шудааст. Масоњати умумии он 237 м.м, масоњати сатњи ёрирасон 90.88 м.м, аз љумла сатњи истиќоматии он 147,02 м.м-ро ташкил медињад. Аз 3 њуљраи зист, иборат буда, арзишаш бо нархи 200000 (дусад њазор) сомонї аст, музояда 29 октябри соли 2018, соати 09:00 гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: бинои иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён. Барои гирифтани маълумоти иловагї бо телефонњои 8 (3245) 2-1099, 93-300-20-47 мурољиат намоед. Озмуни љойњои холии корї Ташкилоти љамъиятии “Ѓамхорї” барои ишѓоли вазифањои њуќуќшинос-2 басти корї ва фаррош-1 басти корї озмун эълон менамояд. Хоњишмандон метавонанд барои маълумоти даќиќ бо телефони 2-78-79 мурољиат намоянд. Сурроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Ќањњор Ќаюмов.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Носирљон Маъмурзода

Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 26.09.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №36 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu