Skip to main content

Шумораи №34

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №34 (3171)

шанбе, 8 сентябри соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

ИСТИЌЛОЛИЯТ ОЃОЗИ МАРЊАЛАИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ (гузориш аз тантанаи идона ба ифтихори бузургтарин љашни миллї) Маркази вилоят-шањри Бохтар ќабои идона ба бар намуда, дар њар ќадам шиору навиштањои тараннумгари Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, Вањдати миллї, бунёдкориву созандагї ба њусни шањр њусни тоза зам намудааст. Хурду бузург бо чењрањои хушњол рў љониби варзишгоњи “Пахтакор” - макони баргузории тантанањои идона оварда буданд. Дар шањру ноњияњои вилоят ба ифтихори љашни Истиќлолият дањњо иншоотњои хизматрасонї ќомат афрохтанд. Рўзи 8 сентябр бо ширкати Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода ва раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода дар мањаллаи Ѓайрати шањри Бохтар Боѓчаи кўдаконаи хуштарњу замонавї дар вазъияти тантанавї ба фаъолият оѓоз намуд. Дар ин муассисаи томактабї барои кўдакон њамаи шароитњо муњайё буда, минбаъд модарон бе ягон мушкилї метавонанд, ба кор машѓул гарданд, зеро мураббияњои ѓамхору кордон фарзандонашонро парасторї менамоянд. Њамчунин маркази ташхисиву табобатии навбунёди «Акси шифо» низ дар маркази вилоят ќомат афрохт, ки дар маросими тантанавии кушодашавии ин муассиса раиси вилоят ва Сарвазири мамлакат ширкат доштанд. Мењмонон ва раиси вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода, пас аз супурдани мукофотњои давлатї ба намояндагони соњањои гуно-

миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соњибмартабаю ба љањониён муаррифї намуд. Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода зимни суханронї сокинони калонтарини вилоят - Хатлонро ба љашни пуршукўњ 27-умин солгарди Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон аз номи Њукумати Љумњурии Тољикистон, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон табрик намуда, ёдрас гардид, ки мардуми бонангу номус, сарбаланду ватандўст, ќадру ќимат ва арзиши истиќлолияти бадастовардаро муќаддас дониста, барои ноил гардидан ба њадафњои олии Роњбари давлат-таъмини зиндагии шоиста барои њар як фарди тољику тољикистонї талош меварзанд. Сарвазири мамлакат аз дастовардњои истиќлолият ёдовар гардида, доир ба зањмати мардуми сарбаланди хатлонзамин барои ноил гардидан ба дастовардњои мењнатї муњим аз њама бањри амалї гаштани њадафњои стратегии давлат- рањої аз бунбасти коммуникатсионї, таъмини амнияти озуќаворї ва расидан ба истиќлолияти энергетикї изњори сипос намуд. Номбурда таъкид дошт, ки њифзи арзишњои ниёгон, дўст доштани њар як зарра хоки ватан ва чун гавњараки чашм азиз донистани истиќлолияту вањдати миллї вазифаи њар як фарди ватандўст ба шумор меравад, барои расидан ба имрўз Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зањматњои

гуни хољагии халќи вилоят ба варзишгоњ ворид гардиданд. Љамъомадро раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода њусни ифтитоњ бахшида, аз дастовардњои даврони соњибистиќлолии ватан ва зањматкашони вилояти Хатлон ёдовар гардид. Тавре ки номбурда таъкид дошт, истиќлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорї, бузургтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустаќил, кору андешањои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонњои миллиро омўзонда, меъёрњои љомеаи шањрвандиро тањким бахшид. Имрўз мардуми шарафманди

зиёде кашидааст. Пешнињодњои инсондўстонаи Роњбари давлат на танњо ба манфиати мардуми Љумњурии Тољикистон, балки ба тамоми оламиён нигаронида шудааст. Аз ин рў, Роњбари давлат ва мамлакати моро љањониён эътироф намудаанд ва мактаби бузурги сиёсати давлатдории Роњбари муаззами мо мавриди омўзиши оламиён ќарор гирифтааст. Њамин тавр, Сарвазири мамлакат дар интињои суханронии хеш иштирокчиёни љамъомади тантанавї ва дар симои онњо тамоми сокинони вилоятро ба санаи таърихї 27-умин солгарди

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАСЛИ ДОРОИ ЭЊСОСИ БАЛАНДИ ВАТАНДЎСТИВУ ВАТАНПАРАСТИРО ТАРБИЯ НАМОЕМ» СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН, ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОЊИ МУАССИСАИ ТАЊСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАЌАМИ 80 ДАР НОЊИЯИ ЁВОН, 6 сентябри соли 2018 Муњтарам ањли маорифи ноњияи Ёвон! Шогирдони азиз ва њозирини гиромї! Имрўз дар ноњияи Ёвон дар арафаи љашни муќаддасу бузурги миллиамон – истиќлолияти давлатї боз як муассисаи замонавии таълимї - мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 80 ифтитоњ гардид. Кулли сокинони сарбаланду ободкори ноњияи Ёвон ва њамаи шумо, њозирини арљмандро ба ифтихори љашни соњибдавлативу соњибватанї ва ба фаъолият оѓоз кардани ин боргоњи маърифат самимона табрик мегўям. Мо бояд њамеша дар хотир дошта бошем, ки истиќлолият на танњо ифтихор кардан аз соњибдавлативу соњибихтиёрї аст, балки зањмат кашидан ба хотири тањкими ин дастоварди беназири таърихї ва пешрафти имрўзу фардои Ватани мањбубамон мебошад. Яъне истиќлолият њар яки моро водор месозад, ки барои њифзу пойдории ин неъмати бебањои зиндагиамон, боз њам ободу пешрафта гардонидани Тољикистони бињиштосоямон ва муњайё сохтани зиндагии шоиста барои сокинони кишвари азизамон содиќона зањмат кашем. Мо, њамчунин, дар ин љода бояд сарљамъу муттањид бошем ва дар њифзи манфиатњои милливу давлатї ва амнияти љомеа зиракиву њушёриро аз даст надињем. Имрўз ман ифтихор мекунам, ки кулли мардуми шарифи Тољикистон ин дастоварди бузургтарини халќамон - истиќлолияту озодї, сулњу оромї, суботи сиёсї ва вањдати миллиро гиромї медоранд ва аз сиёсати пешгирифтаи давлату Њукумати мамлакат самимона љонибдорї менамоянд.

Моњи декабри соли 2017 фармони Президент «Дар бораи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» ба тасвиб расид, ки њадаф аз ќабули он вусъат додани раванди созандагиву бунёдкорї дар саросари кишвар мебошад. Хушбахтона, имрўз мушоњида мегардад, ки ин иќдом мардуми Тољикистонро ба корњои ободкориву созандагї ва дигар амалњои хайр сафарбар намудааст. Њоло њамаи гўшаву канорањои Ватани азизамон ба корзори зањмати созандагиву ободгарона табдил ёфта, љомеаи моро боз њам сарљамъу муттањид кардааст. Тайи солњои охир дар ноњияи Ёвон низ корњои ободониву созандагї вусъат пайдо карда, дар баробари маќомоти давлатї, инчунин, соњибкорони мањаллї барои ободии њар як кўчаву мањалли зист ва шањраку дењоти он камари њиммат баста, дар ин кори хайр сањми ватандўстонаи худро гузошта истодаанд. Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 80, ки имрўз ба истифода супорида шуд, дар доираи омодагї ба истиќболи љашни истиќлолияти давлатї аз љониби соњибкори мањаллї, роњбари корхонаи «Моњир семент» Бањриддин Љўрахонов бунёд гардидааст. Муассисаи таълимї, ки сохтмони он соли 2016 оѓоз ёфта буд, барои 1500 нафар хонанда пешбинї гардида, дар муддати дуюним сол бо харљи 24 миллион сомонї ба анљом расонида шудааст. Мактаби навбунёд дар сатњи баланди меъморї ќомат афрохта, бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия ва таљњизоти замонавї таъмин мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба ин соњибкори бонангу номус ва њамаи меъморону сохтмончиёне, ки дар ин кори хайр сањм гирифтаанд, миннатдорї баён мекунам. Ќобили зикр аст, ки дар ноњияи Ёвон соли љорї бо ташаббуси соњибкорону шахсони саховатпеша ва кумитањои падару модарон сохтмони 60 синфхонаи иловагї ба наќша гирифта шуда буд. То имрўз 15 синфхона ва як китобхона мавриди истифода ќарор гирифта, њоло сохтмони 45 синфхонаи иловагї ва як толори варзишї бомаром идома дорад. Бояд гуфт, ки дар замони истиќлолият бо дастгирии Њукумати мамлакат дар ноњияи Ёвон аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї 66 бинои нави таълимї барои 48 њазор нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисањои соњаи маорифи вилояти Хатлон барои солњои 2017-2021, яъне дар давоми панљ сол сохтмони боз панљ муассисаи нави таълимї, шуъбаи маорифи ноњия, марказњои тањсилоти иловагї, дарёфт ва рушди истеъдодњо ва 12 бинои иловагї дар назди муассисањои таълимї пешбинї гардидааст. Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки якљо бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва бо љалби сармояи дохиливу хориљї иљрои сариваќтии барномаи зикршударо таъмин намояд. Бо маќсади таъмини ояндаи босаодати кишвар ва рушди бомароми љомеа мо минбаъд низ ба соњаи маориф њамчун самти муњимтарини сиёсати иљтимої таваљљуњи аввалиндараља зоњир мекунем ва онро пай-

васта дастгирї менамоем. Дар баробари ин, бовар дорам, ки кормандони соњаи маориф њамчун ќишри огоњу донишманд ва пешсафи љомеа минбаъд низ рисолати муќаддаси хешро дар роњи тарбияи насли ояндасози миллат содиќона иљро мекунанд. Бинобар ин, ањли маорифи ноњия, аз љумла омўзгорону устодони мактаби навбунёди имрўзаро зарур аст, ки дар њамкорї бо падару модарон љињати боз њам бењтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба камол расонидани кадрњои лаёќатманд кўшиши бештар кунанд. Итминони комил дорам, ки ањли маорифи ноњияи Ёвон минбаъд низ барои ободии Ватан ва пешрафти љомеа содиќона зањмат мекашанд, шогирдони арзанда, худшиносу худогоњ, созандаву бунёдкор ва муњимтар аз њама, насли дорои эњсоси баланди ватандўстиву ватанпарастиро тарбия менамоянд. Шумо – фарзандони азиз, шогирдони ин мактаби замонавиро даъват менамоям, ки бо бањои хубу аъло тањсил намоед ва дар оянда њамчун фарзандони сарбаланди кишвар барои ободии сарзамини аљдодї содиќона хизмат кунед. Бори дигар сокинони зањматпешаву њимматбаланд ва мењмондўсти ноњияи Ёвон, инчунин, кулли устодону шогирдони мактаби навбунёдро ба ифтихори љашни истиќлолу озодии Ватан ва ифтитоњи боргоњи маърифат табрик гуфта, бароятон саодати рўзгор, хонаи обод ва тамоми хушињои зиндагиро орзу менамоям. Саломату сарбаланд бошед!

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОЊИЯИ ЁВОН

Субњи 6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади иштирок дар расми ифтитоњи як ќатор иншооти саноатї, таълимї, хизматрасонї ва шиносої бо љараёни корњо дар соњаи кишоварзию мулоќот бо мардум ба ноњияи Ёвон ташриф оварданд. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни сафари корї дар ноњияи Ёвон нахуст дар корхонаи “Љунгтсай Моњир семент” ба фаъолияти коргоњи

истењсоли ќубурњои оњану бетонї њусни оѓоз бахшиданд. Иќтидори коргоњи истењсоли ќубурњои оњану бетонї дар як шабонарўз 72 метр ќубурњои ќутрашон аз 500 то 2000 миллиметраро ташкил медињад. Талабот ба мањсулоти истењсолнамудаи коргоњи мазкур дар мамлакат зиёд буда, аз он бештар дар соњаи кишоварзї ва сохтмони иншооти обёрї истифода карда мешавад. Дастгоњу таљњизоти коргоњи истењсоли ќубурњои оњану бетонї аз хориљи кишвар ворид карда шудаанд, ки истењсоли масолењи сохтмонї тавассути он босифат ва мутобиќ ба талаботи муосир

анљом дода мешавад. Дар коргоњи истењсоли ќубурњои оњану бетонї номгўи масолењи сохтмонї, аз љумла, якчанд намуд сафолак, сутунпояи њимоявии шафати роњ ва болопўши бетонї истењсол карда мешаванд. Масъулини коргоњ азм доранд, ки оянда истењсоли пояњои оњану бетониро, ки барои интиќоли неруи барќ истифода бурда мешаванд, ба роњ монанд. Баъди мавриди истифода ќарор гирифтани коргоњи истењсоли ќубурњои оњану бетонї зиёда аз 20 нафар сокинони мањаллї бо љойи кор таъмин гардиданд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон баъд аз шиносої ба фаъолияти коргоњи истењсоли ќубурњои оњану бетонї бањои баланд дода, барои афзун намудани иќтидори истењсолї ва тавлиди мањсулоти раќобатпазир ба масъулин дастуру њидоят доданд. Сипас, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ноњияи Ёвон бо фаъолияти коргоњи истењсоли халтањои полупропилении “Моњир пластик”, ки дар назди корхонаи “Љунгтсай Моњир семент” љойгир мебошад, шинос шуданд. Мавриди зикр аст, ки коргоњи истењсоли халтањои полупропилении “Моњир пластик”–ро масъулини корхонаи “Љунгтсай Моњир семент” дар асоси дастуру њидояти Президенти мамлакат муњтарам

Эмомалї Рањмон соли 2016 бунёд намуданд. Коргоњи мазкур бо назардошти талаботи корхонањои бузурги истењсоли семент ба халтањои полупропиленї ба истифода дода шудааст, ки њамзамон аз мањсулоти истењсолнамудаи он ба ѓайр аз корхонаи “Љунгтсай Моњир семент” дигар корхонањои азими истењсоли семент истифода менамоянд. Дар корхона муосиртарин таљњизоти техноло-

њазор ва солона 40 миллион дона халтаро ташкил медињад. Дар коргоњи мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони мањаллї бо шуѓли доимї фаро гирифта шудаанд, ки шумораи зиёди онњо занону духтарон мебошанд. Фаъолияти коргарону мутахассисон дар коргоњи истењсоли халтањои полупропилении “Моњир пластик” дар се баст сурат гирифта, барои онњо шарои-

гии пешќадамтарин ширкатњои хориљї васлу насб шуда, раванди истењсолот тариќи дастгоњњои электронї танзим ва назорат карда мешавад. Иќтидори истењсолии коргоњи халтањои полупропилении “Моњир пластик” дар як шабонарўз 119

ти мусоид фароњам мебошад. Бунёди чунин коргоњњои истењсолии муљањњаз бо хатти технологии муосир имкон фароњам меорад, ки дар баробари истењсоли мањсулоти раќобатпазир, инчунин дањњо љойњои нави корї муњайё гардад.

Хатлон дар ќатори дигар сокинони ватани бињиштосои азизамон љашни бузург ва таърихии миллат27-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро бо њисси баланди ифтихор аз ватан ва шукўњу шањомати хоса таљлил намуда истодаанд. Чуноне ки раиси вилоят ироа дошт, барои кулли сокинони кишвари мо Истиќлолият нишонаи барљастаи пойдории давлат, баќои миллат, рамзи асолату њуввият, мазњари идеалу ормонњои таърихї, шиносномаи байналмилалї ва шарафу эътибори ба љањони мутамаддин пайвастани давлати соњибистиќлоли Тољикистон мебошад. Њамин тавр, роњбари вилоят доир ба дастовардњои вилояти Хатлон дар даврони соњибистиќлолї сухан ронда, таъкид дошт, ки сокинони вилояти Хатлон низ ба арзишњои истиќлолият ва озодї арљ гузошта, бањри ноил гардидан ба дастовардњои нав ба нави мењнатї талош меварзанд. Зеро мањз озодї ва истиќлолият мењвари аслии пешрафт, бунёдкориву созандагињо гардидааст. Имрўз ватани азизи моро соњибистиќлолї дар арсаи љањон муаррифї намуда, сиёсати созандаву пешнињодњои инсондўстонаи Роњбари давлат, Асосгузори сулњу вањдати

Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон табрик намуда, таъкид дошт, ки барои боз њам ноил гардидан ба дастовардњои нав ба нави мењнатї дар вилояти Хатлон заминањои мусоид мављуд аст ва то 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон боз садњо иншоотњои хизматрасонї, тиббию таълимї ва корхонањои саноатї бунёд меёбанду љойњои нави корї муњайё мегардад. Сипас, намоиши театрикунонидашудаи њунармандони вилояти Хатлон тањти унвони “Васфи истиќлол” пешкаши иштирокчиёни љамъомад гардид. Барномаи мазкур тараннумгари соњибистиќлолии ватан, дўстиву бародарї, вањдати миллї, бунёдкориву созандагињо буд. Њунармандони шинохтаи љумњурї низ дар ин чорабинї ширкат варзида, бо њунари волои хеш хотири иштирокдорони тантанаи истиќлолиятро шод намуданд. Дар тантанањои љашни истиќлолият намояндагони Љумњурии Ўзбекистон низ ширкат доштанд. ВАХШОНА, «Хатлон» Аксбардор Толиб Толибзода


2

ХАТЛОН

шанбе, 8 сентябри соли 2018, №34 (3171)

ЭМОМАЛЇ РАЊМОН: «ДАРГОЊИ ОМЎЗИШИ КАСБУ ЊУНАР КАДРЊОИ БОЛАЁЌАТУ СОЗАНДА ВА ВАТАНДЎСТУ ОБОДКОРРО БА ВОЯ МЕРАСОНАД» СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОЊИ КОЛЛЕЉИ ТЕХНОЛОГЇ ВА ДОРУСОЗЇ ДАР НОЊИЯИ ЁВОН, 6 сентябри соли 2018

Муњтарам омўзгорон ва донишљўёни азиз! Њозирини гиромї! Дар оѓоз мехоњам тамоми сокинони шуњратманду зањматпешаи ноњияи Ёвон ва њамаи шумо -њозирини гиромиро ба ифтихори љашни бузургу муќаддаси миллиамон - бистуњафтумин солгарди Истиќлолияти давлатї, ки тантанаи адолати таърихї ва рамзи сарбаландии халќи тољик мебошад, самимона табрик гуфта, ба њамаи шумо бахту иќболи нек ва барору комёбї орзумандам. Ду сол ќабл дар Паёми Президенти мамлакат ба Маљлиси Олї таъкид шуда буд, ки дар 15 соли

оянда ба таври назаррас афзоиш ёфтани сањми соњаи саноат дар маљмўи мањсулоти дохилї бояд таъмин гардад ва Тољикистон ба кишвари индустриаливу аграрї табдил дода шавад. Бинобар ин, мо маќсад гузоштем, ки ин корро ба воситаи таъсис додани корхонањои нави саноатї ва коркарди њарчи бештари ашёи хоми ватанї вусъат бахшида, бо њамин роњ истењсоли мањсулоти раќобатпазирро зиёд карда, таќвияти иќтидори содиротии кишвар ва таъсиси љойњои нави корро барои њамватанонамон таъмин намоем. Ноњияи Ёвон метавонад њамчун

яке аз ноњияњои калонтарини саноатии мамлакат барои амалишавии ин њадаф наќши муассир гузорад. Дар оѓози солњои 90-ум, яъне ќабл аз замони истиќлолият дар ноњия њамагї 6 корхонаи саноатї фаъолият мекард. Дар натиљаи андешидани маљмўи тадбирњо шумораи корхонаву коргоњњои саноатї њамасола зиёд гардида, имрўз шумораи онњо ба 40 расидааст, ки аксари онњо корхонањои азим мебошанд. Њоло тавассути ба роњ мондани фаъолияти муназзами корхонањои гуногуни истењсолї иќтидори саноатии ноњия на танњо дар вилоят, балки дар миќёси мамлакат торафт таќвият ёфта истодааст. Тайи солњои охир дар њудуди ноњия илова ба корхонањои истењсолї беш аз 450 иншооти таъиноти гуногун, аз љумла муассисањои таълимиву иншооти варзишї, биноњои баландошёнаи истиќомативу маъмурї, гармхонањо ва марказњои савдову хизматрасонї бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Њоло дар њудуди ноњия ќариб 30 ташкилоти пудративу сохтмонї фаъолият мекунад, ки аксари онњо ѓайридавлатї буда, дар таъсиси љойњои нави корї ва ѓанї гардонидани буљети мањаллї сањми арзишманд мегузоранд. Албатта, таъмин намудани фаъолияти бомарому самараноки корхонањои саноатї бе тарбияи кадрњои баландихтисос муяссар намегардад. Аз ин лињоз, Њукумати кишвар бо маќсади иљрои њадафњои дар Стратегияи миллии рушд муайяншуда раванди ислоњот ва навсозии соњаи маориф, бунёди муассисањои таълимии

замонавї ва тарбияи кадрњои ба талаботи замони муосир љавобгўйро аз љумлаи вазифањои муњим ва аввалиндараљаи худ мењисобад. Таъкид менамоям, ки мо имрўз аз њама бештар ба мутахассисони соњањои саноати сабук, маъдану энергетика, муњандисони роњу наќлиёт, барномасозон, меъморону лоињакашњо, технологу геологњо, инчунин, ба дањњо номгўи ихтисосњои коргарї эњтиёљ дорем, ки тайёр кардани онњо бояд дар заминаи муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї амалї карда шавад. Муассисаи таълимии ѓайридавлатии Коллељи технологї ва дорусозї дар ноњияи Ёвон, ки имрўз њамаи мо шоњиди ифтитоњи он гардидем, аз љумлаи њамин гуна муассисањое мебошад, ки барои омода намудани кадрњои замони нав пешбинї шудааст. Ба ин муносибат њамаи шуморо табрик гуфта, ба сармоягузорону ташаббускорон ва њамаи онњое, ки дар сохтмони он сањми ватандўстона гузоштаанд, изњори сипос менамоям. Коллељи технологї ва дорусозии имрўза њамчун иќдоми созандагиву бунёдкорї ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї бо харљи 30 миллион сомонї ва бо тарњи меъмории муосир аз љониби соњибкори мањаллї – директори корхонаи «Ѓаюрсемент» Ѓуломов Акбар бунёд гардидааст. Муассиса дорои як бинои таълимии панљошёнаи иборат аз 60 синфхонаи таълимии бо ашёву таљњизоти зарурии хониш муљањњаз мебошад ва барои 1440 нафар донишљў пешбинї шудааст. Дар њудуди муассиса толору майдончаи варзишї, ошхона ва шаба-

каи ягонаи гармидињї низ бунёд гардидааст. Дар коллељ мутахассисони оянда аз рўйи 14 ихтисоси барои корхонањои истењсолии ноњияи Ёвон зарурї, инчунин, фаъолияти дорусозї ва истифодабарии техникаву таљњизоти тиббї омода карда мешаванд. Дар иртибот ба ин таъкид месозам, ки љињати таъмин намудани рушди њунарњои мардумї дар заминаи муассисањои тањсилоти миёнаи касбї ба омўзиши касбу њунарњои халќї, аз ќабили ќолинбофї, заргариву зардўзї, кандакориву гаљкорї, наќќошиву мисгарї, дигар касбњои аљдодї, тарроњони

либосњои миллї, инчунин, таъмиргарони таљњизоту технологияњои электронї таваљљуњи бештар додан зарур аст. Бо ин маќсад, вазоратњои маориф ва илм, саноат ва технологияњои нав бояд заминањои моддиву техникии муассисањои таълимии мављудаи кишварро таќвият дињанд. Њамзамон бо ин, кулли омўзгорону кормандони соњаи маориф ва падару модаронро зарур аст, ки ба масъалањои баланд бардоштани сатњи таълиму тарбия, рањнамоии наврасону љавонон ба интихоби дурусти касбу њунар эътибори љиддї дињанд,

зеро омўхтани дастовардњои илму техникаи муосир ва тарбияи насли эљодкору љўянда ва ихтироъкору навовар талаби ќатъиву мубрами замонаи пешрафт мебошад. Дар охир њамаи шумо, њозирини арљмандро бори дигар ба ифтихори љашни истиќлолият ва ифтитоњи њунаристони нав табрик гуфта, орзумандам, ки шогирдони ин даргоњи омўзиши касбу њунар дар оянда њамчун кадрњои болаёќату созанда ва ватандўсту ободкор ба воя мерасанд. Саломату саодатманд бошед, дўстони азиз!

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОЊИЯИ ЁВОН ШИНОСОЇ БО ЉАРАЁНИ КОРЊОИ САЊРОЇ ДАР ХОЉАГИИ ДЕЊЌОНИИ «БАРАКАТ»-И ЉАМОАТИ ДЕЊОТИ «ДАЊАНА»-И НОЊИЯИ ЁВОН Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи сафари корї ба ноњияи Ёвон аз намоишгоњи мањсулоти соњаи кишоварзї ва љараёни корњои сањрої дар хољагии дењќонии «Баракат», воќеъ дар Љамоати дењоти «Дањана» боздид намуданд. Зимни боздид аз намоишгоњ ба Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон намунаи бењтарини мањсулоти соњаи кишоварзии ноњия, аз ќабили зироати донагї, меваю сабзавот, полезї, навъњои гуногуни пахта ва дигар навъи мањсулоти хољагии ќишлоќ намоиш дода шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ноњияи Ёвон маљмўан дорои беш аз 25 њазор гектар заминњои корам буда, 22 њазору 142 гектарро заминњои обї ва боќимондаро заминњои лалмї ташкил медињанд. Шумораи хољагињои дењќонї дар њудуди ноњия ба 4 њазору 443 адад расида, 2 њазору 620-тои он дар самти киштукори пахта фаъолият мекунанд. Аз масоњати умумии 25 њазору 142 гектар заминњои корам 6 њазору 969 гектарро зироати донагї, 1017 гектарро полезї, 2015 гектарро сабзавот, 11 њазору 500 гектарро кишти пахта ва боќимондаро кишти дигар навъи зироат ташкил менамояд. Ањли зањмати ноњия бо истифода аз иќлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хос ба соњаи кишоварзї бо тавсияи олимони соња ва дуруст ба роњ мондани агротехникаи кишоварзї њар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онњо њосили дилхоњ ба даст оварда, њам сатњи зиндагии хешро бењтар менамоянду њам дар ѓанї гардонидани бозори истеъмолї мусоидат мекунанд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни шиносої бо намунаи мањсулоти хољагии ќишлоќ соњаи кишоварзиро яке аз самтњои муњим дар такон бахшидани рушди иќтисоди миллї ва омили расидан ба яке аз њадафњои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуќаворї маънидод карда, зањмати кишоварзони ноњияро шоистаи тањсин гуфтанд ва ба онњо барои боз њам васеъ намудани майдони кишти зироат ва ба даст овардани њосили фаровон маслињатњои муфид доданд. Сипас, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо

љараёни корњои сањрої дар хољагии дењќонии «Баракат» шинос шуданд. Хољагии мазкур соли 2003 таъсис ёфта, дар он заминњои кишт маљмўан 13 гектарро ташкил медињанд. Хољагии мазкур баробари сањм гузоштан дар таъмини амнияти озуќавории кишвар, инчунин барои бо љойи кор таъмин намудани сокинон сањми назаррас дорад. Имрўз дар хољагии дењќонии «Баракат» 25 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки њамаи онњо бо маоши хуб таъминанд. Масъулин наќша доранд, ки бо васеъ намудани майдони

кишт ва афзоиши истењсоли мањсулоти кишоварзї, шумораи коргаронро низ бештар намоянд. Њоло дар хољагї 7,5 гектар кишти пахта, 1,3 гектар кишти сабзавот ва 4,2 гектар хўроки чорво, аз ќабили юнучќа кишт карда шудааст. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дењќонону боѓпарварони асил ва роњбарияти ноњияро ба афзун кардани нишондињандањои боѓу токпарварї, хусусан васеъ намудани майдони кишти пахта њидоят намуданд.

ИФТИТОЊИ МУАССИСАИ ТАЊСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №80 ДАР НОЊИЯИ ЁВОН 6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ноњияи Ёвон Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 80-ро мавриди бањрабардорї ќарор доданд. Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимї аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омўзгорон суњбат намуданд. Бинои муассисаи тањсилоти миёнаи умумї бо маблаѓи 17 млн. сомонї аз љониби соњибкори мањаллї Бањриддин Љўрахонов дар асоси дастуру њидоятњои Пешвои миллат барои 1500 љойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Бинои хуштарњу замонавии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 30 синфхонаи фаннї, озмоишгоњњои фаннї, толори варзишї, маљлисгоњ, ошхона, хонаи муаллимон ва дигар њуљрањо љойгир шудаанд. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассиса таълиму тадрис бо ду забон-тољикї ва русї сурат гирифта, бањри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва забономўзии онњо аз Федератсияи Россия омўзгорон љалб гардидаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, корњои сохтмонї дар ин иншоот 24 августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оѓоз ёфта, бино бо назардошти талаботи меъмории муосир ва сатњу сифати баланд бунёд гардидааст. Синфхонањои таълимї бо техникаву таљњизоти насли нав ва аёнияти фаннї таъмин гардидаанд. Зимни шиносої ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимї дар масоњати 1,23 гектар бунёд шуда, дар он ќариб 40 нафар омўзгорони соњибтаљриба ва мутахассисони варзида ба хонандагон таълим медињанд. Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 80 њамчунин дорои синфхонањои алоњида ва муљањњаз бо техникаву технологияи муосир барои гузаронидани дарсњои физика, химия, биология ва омўзиши касбу њунар буда, синфхонањои фаннї бо аёнияти дарсї ва тахтањои электронї таъмин гардидаанд. Барои касбомўзии толибилмон дар муассисаи мазкур синфхонањои таълими мењнат бунёд ёфтаанд. Бо истифода аз шароити мусоид онњо метавонанд дар ин љо ба омўзиши њунарњои дуредгарї, кандакорї, дўзандагї ва ѓайра машѓул шаванд. Толибилмон бо дарки баланди моњияти омўзиши касбу њунар ва муњим будани чунин њунарњо дар зиндагї, ба Пешвои миллат барои муњайё намудани шароити муосири таълиму омўзиш арзи сипос карданд. Њамчунин дар таълимгоњ синфхонаи омўзиши информатика ва техникаи компютерї бо 29 компютер муљањњаз буда, 5 адад тахтаи электронї дар синфхонањо насб карда шудаанд. Ша-

роити фароњамовардашуда имконият медињад, ки хонандагон бо компютеру дигар дастгоњњои замонавї њамаљониба илмњои муосирро омўзанд. Зимни суњбат хонандагон ифтитоњи муассисаи таълимиро туњфаи арзандаи Њукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат дар рўзњои аввали Соли нави хониш арзёбї карда, барои дастгириву таваљљуњи пайваста нисбат ба соњаи маориф ва баланд бардоштани сатњу си-

бозињои варзишї, аз ќабили гўштини миллї, волейбол, футбол, бозии теннис ва ѓайраро мутахассисони соњибтаљриба таълим медињанд. Њамзамон дар толори варзишї ду њуљраи оббозї ва ду утоќ барои ивазкунии либос бунёд ёфтааст. Дар шафати Муассисаи таълимї майдонча барои бозии футбол сохта шуда, атрофи иншоот бо гулу буттањои ороишї сабзазор карда шудааст. Барои таъмин намудани синфхонањои таълимї бо гармї

фати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изњори сипос намуданд. Маљлисгоњи муассиса дорои 140 љойи нишаст буда, бо шароити муосир ва дастгоњу таљњизоти зарурї таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимї барои 64 нафар пешбинї шуда, бо яхдон, мизу курсї ва зарфу лавозимоти зарурї таъмин шудааст. Таълимгоњ дорои 1 утоќ барои омўзгорон, њуљраи техникї ва нуќтаи тиббї буда, барои толибилмон китобхона бо фењристи зиёди китобњои фанниву бадеї ва осори пурарзиши фарзандони фарзонаи миллат бунёд ёфтааст. Толори варзишии муассиса барои баргузории тамоми бозињои варзишї, тамрин ва обутоби бадан нигаронида шуда, дар он ба хонандагон навъњои гуногуни

системаи махсуси гармитаъминкунї бо таљњизоти гармидињии барќї муљањњаз гардидааст. Њамчунин муассиса бо як адад трансформатор таъмин мебошад. Сарвари давлат зимни шиносої бо синфхонањои муассисаи нави таълимї ба сифати корњои сохтмонї бањои баланд доданд. Зимни суњбат Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон омўзгоронро барои соњибмаълумот намудани насли наврас, дар рўњияи хештаншиносї ба камол расондани онњо, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишњои муосир, махсусан омўзиши забонњои хориљї ва технологияи нав њидоят карданд.


3

ХАТЛОН

шанбе, 8 сентябри соли 2018, №34 (3171)

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОЊИЯИ ЁВОН

Аз бойгонї Истиќлолият дастоварди бузургест барои миллати тољик. Зеро соњиби Истиќлолияти давлатї шудан орзуи деринаи мардум буд. Мањз фарзандони ватандўстї ин миллат бањри ба даст овардани Истиќлолияти давлатї кўшишњои зиёдеро ба сомон расониданд. Нахуст 24 - уми августи соли 1990 «Эломияи Истиќлолияти Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон» ќабул гардид, ки як ќадаме буд, то љашни Истиќлолияти давлатї. Сипас, 9-уми сентябри соли 1991 Љумњурии Тољикистон соњибистиќлол гардид. Ин санаи таърихї тариќи васоити ахбори омма дар бораи «Эломияи Истиќлолияти Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон» (24.08.1990) ва «Изњорот дар бораи Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон» (9. 09.1991) пешнињоди мардум гардида бошанд њам, кам нафароне медонанд, ки дар ин њуљљатњои муњим чї гуфта шудааст. Хонандаи азиз! Ба њамин хотир, хостем ин њуљљати таќдирсозро пешнињоди шумо намоем.

ЭЛОМИЯИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ЉУМЊУРИИ ШЎРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОЉИКИСТОН

ИФТИТОЊИ КОЛЛЕЉИ ТЕХНОЛОГЇ - ФАРМАСЕВТИИ ТОЉИКИСТОН ДАР НОЊИЯИ ЁВОН 6 сентябри соли 2018 дар доираи сафари корї дар ноњияи Ёвон Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар кўчаи ба номи “Асадулло Ѓуломов” - и шањраки Ёвон дар вазъияти тантанавї бинои Коллељи технологїфармасевтии Тољикистонро мавриди бањрабардорї ќарор доданд. Иншооти муњими соњањои маорифу тандурустї аз љониби соњибкори ватандўст Акбар Ѓуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роњбарияти давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон бо харљи зиёда аз 23 миллион сомонї бунёд шудааст. Коллељ аз ду бинои 5 ошёна иборат буда, дар он 60 синфхонаи таълимї, 8 утоќи корї барои омўзгорон, 8 утоќи кории мудирони кафедра, 8 маљлисгоњи хурду калон, 6 озмоишгоњ, 2 китобхона, ошхона, бойгонї ва майдончаи варзишии тобистонаю зимистона сохта шудаанд. Айни њол ќабули омўзгорон ва донишљўён ба коллељ идома дорад. Дар ин љо 1440 нафар донишљў ба касбомўзї фаро гирифта шуда, 70 нафар бо љойи кори доимї таъмин мегарданд. Мавриди зикр аст, ки соли 2016 дар доираи сафари кории Президенти мамлакат дар ноњияи Ёвон ва зимни ба истифода супоридани корхонаи истењсоли гаљкартон, бинобар сабаби зиёд шудани корхонањои азими саноатї зарурати бунёди Коллељи техникї-

технологї пеш омад. Њамон ваќт Сарвари давлат соњибкоронро ба бунёди коллељи муосир ва дар ин замина, тайёр кардани кадрњои ба талаботи замон љавобгўй барои корхонањои саноатии кишвар њидоят карда буданд. Бо њидояти Пешвои миллат корњои сохтмонї моњи октябри соли 2016 оѓоз гардида, августи соли 2018 анљом

ёфтанд. Дар ваќти бунёди коллељ аксари масолењи сохтмонї аз худи корхонањои саноатии Љамъияти дорои масъулияти мањдуди “Ѓаюр” таъмин карда шуда, таљњизот ва лавозимоти таълимї барои муљањњазгардонии синфхонањо аз истењсолкунандагони ватанї харидорї гардидаанд.

Коргарони Љамъияти дорои масъулияти мањдуди “Ѓаюр” наќша доранд, ки оянда барои мукаммал кардани пойгоњи Коллељи техникї- фармасевтии Тољикистон дар шафати он бо бунёди коргоњи замонавї техника ва таљњизоти дорусозї ворид намоянд. Баъди ифтитоњи Коллељи техникї-фармасевтии Тољикистон

дар ноњияи Ёвон Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар сањни њавлии ин муассисаи таълимї бо устодону донишљўёни коллељ ва фаъолони ноњия мулоќоти самимї доир карданд.

ОЃОЗИ НАВСОЗИИ РОЊЊОИ ЊУДУДИ ШАЊРАКИ ЁВОНИ НОЊИЯИ ЁВОН Рўзи 6 сентябр дар доираи вусъати корњои созандагию ободонї ба истиќболи љашни бузурги Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ноњияи Ёвон навсозии роњњои њудуди шањраки Ёвон оѓоз гардид. Бунёду навсозии роњу пулњои мошингард ва таљдиди як ќатор инфрасохтори муњими мамлакат, дар заминаи дастуру супоришњои мушаххаси Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бо рўњия ва њисси баланди миллї анљом дода мешавад. Навсозии роњњои мошингард дар њудуди шањраки ноњияи Ёвон мувофиќи меъёрњои муосир амалї гардида, тибќи лоиња 16 километрро дар бар мегирад. Аснои шиносої бо лоињаи таљдиду навсозии роњњо иттилоъ дода шуд, ки роњњои мошингарди њудуди ноњияи Ёвон солњои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам

Эмомалї Рањмон баъди шиносої бо лоињаи навсозии роњњо дар кўчаи Абдурањмони Љомии шањраки Ёвон ба корњои таљдиди навсозї расман оѓоз бахшиданд. Дастур дода шуд, ки зимни татбиќи лоињаи навсозии роњњо тамоми нозукињои роњсозї, хосса инфрасохтори зарурии он ба инобат гирифта шуда, таљдиди роњ бо сифати баланд анљом дода шавад. Тавре маълум гардид, бо назардошти зарурати навсозї, дар маљмўъ 16 километр роњњои шањраки Ёвон бо сањми соњибкорони мањаллї таљдид мегарданд ва он бояд то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон анљом дода шавад. Дар асоси тарњи навсозии 16 километр роњи њудуди шањраки Ёвон пањноии ќисмати њаракати наќлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, он мутобиќ ба меъёри муосири шањрсозї амалї мешавад. Таъмири куллї ва мумфаршсозии сифатноки роњњо аз љониби мутахассисони ширкатњои ватании роњсозї, аз љумла, “Ѓаюр-1” иљро шуда, дар љараёни он техникањои пуриќтидори роњсозї љалб мегарданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ МЕЊМОНХОНАИ ЗАМОНАВЇ ДАР НОЊИЯИ ЁВОН

Дар доираи сафари корї ба ноњияи Ёвон 6 сентябри соли 2018 дар кўчаи ба номи Абдурањмони Љомии ноњия Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бинои нави мењмонхонаи замонавиро ба истифода доданд. Мењмонхона аз љониби соњибкор Акбар Ѓуломов бо харљи бештар аз 4 миллион сомонї сохта шуда, тамоми утоќњои он бо лавозимоти муосиру зарурии истироњату фароѓат таъмин ме-

бошад. Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон нахуст дар ошёнаи якуми бино бо шароити њуљрањои махсус, аз љумла, њуљрањои оилавии истироњату хоб шинос шуданд. Дар ќабати якуми мењмонхона њамчунин њаммом, њавзи шиноварї бо услуби хизматрасонињои муосир, аз љумла, толори машќу тамрини бадан низ бунёд карда шудааст. Имконоти хизматрасонии мењмонхона дар як ваќт барои

20 нафар пешбинї шуда, бошандагони он метавонанд дар худи бино аз хизматрасонињои маишї, аз љумла, ошхона ва дигар имконоти хобу истироњат пурсамар истифода намоянд. Мењмонхона аз 12 њуљраи махсус иборат буда, дар ќабати 2-юми он 8 њуљра ва нуќтаи алоњидаи ошпазї, ќабулгоњ барои мењмонон ва толори мулоќотњои расмї љойгир шудааст. Тибќи иттилоъ, дар љараёни корњои сохтмонї, ки давоми 1,5 сол идома ёфт, беш аз 40 нафар ба кор љалб гардидаанд. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо имконот ва шароити хизматрасонии маљмааи тозабунёд, ки аз рўйи услуби хоси меъморї бунёд шудааст, шинос гардида, ба сифати корњои зимни бунёди мењмонхона анљомёфта бањои баланд доданд. Дар сањни мењмонхонаи тозабунёд шаршара сохта шуда, атрофи онро гулу буттањои ороишиву сояафкан, аз љумла, нињоли дарахтони мевадињанда оро медињанд. www.president.tj

Шўрои Олии Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон: бо дарки амиќи масъулияти таърихї барои таќдири халќи тољик ва давлати миллии он, бо назардошти њуќуќи дахлнопазири њар як халќ дар таъмини сарнавишти худ, бо эътирофи он ки иттињоди озоду баробарњуќуќи миллатњои шўравї дар њайати Иттифоќи Љамоњири Шўравии Сотсиалистии таљдид ёфта, зомини тараќќиёти њамаљонибаи онњо мебошад, бо таъкиди эњтиром ба шаъну эътибор ва њуќуќњои намояндагони њамаи миллатњои сокини ЉШС Тољикистон, ба хотири таъмини њаќќи зиндагии шоиста барои њар як инсон, иродаи халќи ЉШС Тољикистонро ифода намуда, истиќлолияти Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистонро ботантана эълон мекунад ва изњор медорад, ки давлати демократии њуќуќбунёд барпо хоњад кард. 1. Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон давлати сохибистиќлоли сермиллат мебошад. Истиќлолияти давлатии ЉШС Тољикистон дар ягонагї ва њукмравоии њокимияти давлатї дар тамоми њудуди ЉШС Тољикистон ва соњибихтиёрии он дар муносибатњои хориљї ифода меёбад. 2. Гражданинњои ЉШС Тољикистон сарфи назар аз мансубияти миллї ЉШС Тољикистон-ро ташкил медињанд, ки он ифодакунандаи истиќлолият ва манбаи ягонаи давлатї дар љумњурї мебошад. Халќ њокимияти давлатиро њам бевосита ва њам ба воситаи намояндањо дар асоси Конститутсияи ЉШС Тољикистон амалї мегардонад. Њељ як њизби сиёсї, ташкилоти љамъиятї, динї, њаракати оммавї, гурўњи одамон ё шахси алоњида аз номи халќи ЉШС Тољикистон баромад карда наметавонад. Фаќат Шўрои Олии ЉШС Тољикистон дорои чунин њуќуќ мебошад. 3. Њокимияти давлатї дар ЉШС Тољикистон тавассути маќомоти ќонунгузорї, иљроия ва судї ба амал бароварда мешавад. 4. ЉШС Тољикистон дар њудуди худ њамаи масъалањои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва маъданиро, ѓайр аз масъалањои, ки ихтиёран ба салоњияти Иттифоќи ЉШС дода мешаванд, мустаќилона њал мекунанд. 5. Дар њудуди ЉШС Тољикистон њукумравоии Конститутсияи ЉШС Тољикистон ва ќонунњои ЉШС Тољикистон муќаррар мешаванд: Шўрои Олии ЉШС Тољикистон амали њуљљатњои Иттифоќи Љамоњири Шўравии Сотсиалистиро, Таѓйироти инќилобиро дар ИЉШС ба назар гирифта ва кўшиши љумњурињои сохибихтиёри ба он дохилшаванда оиди аз нав барќарор намудани муносибатњои байнињамдигарро эњтиром намуда, ба назардошти њуќуќи халќњо ва худмуайянкунї ва бо дарки масъулияти сарнавишти халќњои сокини Тољикистон, пайравии худро ба Эъломияи умумихалќии њуќуќи башар, дигар нормањои эътирофшудаи њуќуќи байналхалќї ва Эъломияи њуќуќ ва озодињои инсон, ки аз тарафи Съезди V ѓайринавбатии депутатњои халќи ИЉШС ќабул гардидааст, тасдиќ намуда, бањри таъсиси давлати демократии њуќуќбунёд, ки сатњи сазовори зиндагиро таъмин намуда, њимояи шараф ва эътибори њар як

ки бо њуќуќњои дахлнопазири ЉШС Тољикистон мухолифатанд, боз медорад. Ихтилофоти байни ЉШС Тољикистон ва Иттифоќи ЉШС дар бобати ќонунї будан ё набудани њуљљатњо мувофиќи тартиби муќарраршуда њал карда мешавад. Њамаи гражданинњои ЉШС Тољикистон, шахсоне, ки мансубияти гаржданї надоранд, ташкилотњои давлатї, љамъиятї ва динї, фаъолияти худро мувофиќи Конститутсияи ЉШС Тољикистон ва ќонунњои ЉШС Тољикистон ба роњ мемонанд ва онњоро ќонун њимоя мекунанд. Назорати олї ба иљрои даќиќ ва ягонаи ќонунњо дар њудуди љумњурї аз тарафи прокурори ЉШС Тољикистон, ки Шўрои Олии ЉШС Тољикистон таъин мекунад, сурат мегирад. Прокурори ЉШС Тољикистон дар назди Шўрои Олии Тољикистон масъул аст ва ба он њисобот медињад. 6. ЉШС Тољикистон њуќуќњои дахлнопазири Иттифоќи Љамоњири Шўравии Сотсиалистї ва љумњурияти Иттифоќиро эътироф ва эњтиром менамояд; муносибатњои худро бо онњо дар асоси шартномаю муоњидањо ба роњ мемонад; дар љамоњири дигари иттифоќї намояндагони ваколатдор дошта метавонад. 7. ЉШС Тољикистон њуќуќ дорад мувофиќи тартиботе, ки шартномаи иттифоќї муайян мекунад ва мутобиќи ќонунњое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд, аз њайати ИЉШС озодона хориљ гардад. 8. Дар ЉШС Тољикистон њамаи партияњои сиёсї, ташкилотњои љамъиятї ва њаракатњои оммавї, ки дар доираи Конститутсияи ЉШС Тољикистон амал мекунанд, њуќуќи баробар доранд; ба онњо барои иштирок дар идораи давлат ва корњои љамъиятї шароит муњайё карда мешавад. 9. Дар худуди ЉШС Тољикистон, гаржданияти љумњурї муќаррар карда мешавад. Њар як гражданини ЉШС Тољикистон дар айни замон гражданини ИЉШС мебошад. 10. ЉШС Тољикистон ба њамаи гражданинњо ва шахсоне, ки мансубияти гражданї надоранд, аммо дар њудуди љумњурї зиндагї мекунанд, сарфи назар аз аслу насаб ањволи иљтимої, вазъи дорої, мансубияти нажодї ва миллї, забон, љинс, аќидаи сиёсї, эътиќоди динї, навъу хусусияти кор, љойи истиќомат ва њолатњои дигар тамоми њуќуќу озодињоеро кафолат медињад, ки Конститутсияи ЉШС Тољикистон, Конститутсияи Иттифоќи Љамоњири Шўравии Сотсиалистї ва меъёрњои маъмули њуќуќи байналхалќї пешбинї менамоянд. ЉШС Тољикистон дар њаќќи гражданинњои

худ, ки дар хориљи љумњурї ќарор доранд, ѓамхорї мекунад ва барои њимояю муњофизати манфиатњои онњо тадбирњо меандешад. 11. Њудуди ЉШС Тољикистон дахлнопазир аст ва бе ризоияти халќи он наметавонад таѓйир дода шавад. 12. ЉШС Тољикистон барои соњибият, истифода ва ихтиёрдории сарвати миллии љумњурї њуќуќи том дорад. Замин, сарватњои зеризаминї ва дигар захирањои табиии љумњурї сирф моликияти ЉШС Тољикистон мебошад. 13. ЉШС Тољикистон бонкњои махсус таъсис карда, сиёсати молия, ќарз ва нархро мустаќилона муќаррар менамояд. 14. ЉШС Тољикистон эњёи миллию мадании халќи тољик, анъана ва русумоти неки таърихии таъмин намуда, инчунин ба њамаи миллатњои сокини љумњурї, њуќуќњои гражданї, сиёсї, иќтисодї ва инкишофи озодонаи миллию маданиро замонат медињад. 15.ЉШС Тољикистон бо давлатњои хориљї бевосита робита намуда, бо онњо шартномањои иќитисодї, маданї ва илмию техникї мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатї, консулгарї ва тиљоратиро ба роњ монда, дар сурати зарурат дар фаъолияти созмонњои байналхалќї ширкат меварзад. 16. ЉШС Тољикистон тарафдори принсипњо ва меъёрњои аз тарафи умум эътирофшудаи њуќуќи байналхалќї, љонибдори бо роњи сиёсї њал кардани тамоми ихтилофот буда, њуќуќ, озодї ва соњибихтиёрии њамаи халќњо ва мамлакатњоро эњтиром мекунад, барои дўстї, бародарї ва пешрафти минбаъда дар тамоми љањон саъй менамояд. 17. Њар сол 14 октябрро њамчун Рўзи таъсиси Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон љашн гирифта, рўзи истироњат эълон карда шавад. 18. Нишони миллї, байраќ ва суруди миллї рамзи истиќлолияти ЉШС Тољикистон буда, муќаддасанд ва дахлнопазирии онњоро ќонун њимоя менамод. 19. Эъломияи мазкур барои тањияи Конститутсияи нави ЉШС Тољикистон ва бастани шартномаи иттифоќї асос мебошад. Эъломия 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шўрои Олии ЉШС Тољикистон даъвати дувоздањум ќабул шудааст. №165 (3215),31 августи соли 1990

ИЗЊОРОТ

ДАР БОРАИ ИСТИЌОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН шањрвандро таъмин мекунад, кўшиш намуда, мувофиќи Эъломияи истиќлолияти ЉШС Тољикистон, ки 24уми августи соли 1990 ќабул шуда буд, Шўрои Олї Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро эълон мекунад. Љумњурии Тољикистон ба тарафдории бастани Шарт-нома дар бораи Иттињоди давлатњои соњибихтиёр, созишномаи иќтисоди байнидавлатњои мустаќилу соњибихтиёр ба шартњои баробарњуќуќию манфиатдории тарафайн бо интихоби озоди шаклњои

иштироки худ дар Шартнома ва созишномањо баромад намуда, тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективї ва амнияти давлатњои Иттињоди соњибихтиёр мебошад. Дар муносибатњои байналхалќї Љумњурии Тољикистон ба сифати субъекти мустаќили њуќуќи балналхалќї баромад намуда, дар фаъолияташ барои ноил шудан ба сулњи пойдор, нобуд кардани аслињаи ядрої ва дигар аслињаи ќатли ом, роњ надодан ба истифодаи ќувва дар халли бањсњо ва ихтилофотњои байнидавлатњои соњибихтиёр саъй

намуда, њамкориро дар байни онњо дар њалли масъалањои њаматарафа (глобалї), ки дар назди башарият истодаанд, тараќќї медињад. Љумњурии Тољикистон омодагии худро барои бевосита имзо намудани созишномањо ва шартномањои баробарњуќуќ ва манфиатноки дутарафаю бисёртарафаи ба њамаи шарикон бе ягон шарти пешакї, ки манфиатњои давлати соњибихтиёрро мањдуд намекунад, изњор медорад. Дар Сессияи ѓайринавбатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикис-тон даъвати дувоздањум ќабул карда шуд. 9-уми сентябри соли 1991 Фароњамсоз Ф. БОБОЕВ, «Хатлон»

Мукофот муборак!

Бењтаринњо ќадрдонї шуданд Тавре ки ба њамагон равшан аст, амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 апрели соли 2018 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятї, бахшида ба љашни 27солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба муайян намудани бењтарин шањру ноњия, шањраку дењот, мањалла ва дења” дарљ гардида буд. Дар ин замина ќарори раиси вилояти Хатлон низ аз 13 майи соли 2018 тањти №125 ба тасвиб расида, озмуни вилоятї дар шањру ноњияњо гузаронида шуд. Дар арафаи љашни Истиќлолияти давлатї озмуни мазкур љамъбаст гардида, ба ѓолибон туњфањои раиси вилоят таќдим гардид. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни супурдани туњфањо ба ѓолибони озмуни вилоятї таъкид дошт, ки њадафи баргузории озмуни вилоятї, пеш аз њама, амалї намудани дастури Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад. Маќсад вусъат бахшидани корњои ободонї, бунёдкориву созандагї, мусоидат ба рушди иќтисодиву иљтимої, таъсиси љойњои нави корї дар шањру ноњияњо, шањраку дењот, дењањо, мањаллањо, ташвиќу тарѓиб ва дастрас намудани таљрибаи пешќадам, муњим аз њама, гиромидошти арзишњои Истиќлолияти давлатї, вањдати миллї, тањкими њувияти миллї, тарѓиб ва оммавї гардидани суннатњои бењтарини миллї, баланд бардоштани њисси хештаншиносї, ватандўстї, ободкорї, зебоипарастї, эњтиром ба арзишњои миллї, фарњанг, илму маориф, тандурустї, муњити зист ва ифтихор аз анъанањои миллї мебошад. Раиси комиссияи озмуни вилоятї-муовини раиси вилоят

Хидирзода Махфират Умар зимни суханронї ёдовар гардид, ки дар шањру ноњияњои вилоят 2,4 миллион нафар дар ин чорабинї ширкат варзида, аз 1570 дења 1369 дења, аз 22 љамоати шањрак 17 љамоати шањрак ва аз 133 љамоати дењот 24 љамоати дењот, аз 25 шањру ноњия 4 шањру 21 ноњия дар марњалаи дуюми озмун дар баргузории озмуни вилоятї ширкат намудаанд. Тибќи љадвали тасдиќгардида марњалаи якуми озмуни вилоятї то 20 июни соли љорї љамъбаст гардида, ба ѓолибони мусобиќа диплом, ифтихорномаи ѓолиби озмун, туњфањои хотиравї, аз љумла мукофотпулињо дар њаљми аз 2000 то 5000 муќаррар гардида буд. Дар ин давра се љаласаи комиссияи вилоятї бо ширкати намояндагони шањру ноњияњо, раисон ва котибони комиссияи шањрї ва ноњиявї гузаронида шуда, тибќи ќоида ва љадвали тасдиќгардида марњалањои 1 ва 2-юми он љамъбаст гардид. Комиссияи вилоятї

маводњои пешнињодшударо тањлил намуда, дар асоси талаботи ќарори раиси вилояти Хатлон оид ба амри Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятї бахшида ба љашни 27-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон” ѓолибон муайян гардиданд. Њамин тавр, љойи аввал миёни шањрњо шањри Бохтар (мукофот 10000 сомонї), ноњияњои бењтарин ноњияи Данѓара (мукофот 10000 сомонї), “Љамоати шањраки бењтарин” Љамоати шањраки “Њулбук”-и ноњияи Восеъ, (5000 сомонї), “Љамоати дењоти бењтарин” Љамоати дењоти “Пушинг”-и ноњияи Данѓара (5000 сомонї), “Дењаи бењтарин” дењаи “Наврўз”-и ноњияи Љ. Балхї (3500 сомонї), “Мањаллаи бењтарин” мањаллаи Ибни Сино аз ноњияи Кўшониён (3500 сомонї), сарфароз гардиданд. Шањри Кўлоб ѓолиби љойи 2-юм бо мукофотпулии 7000

сомонї, ноњияи Ёвон ѓолиби љойи дуюм бо мукофоти 7000 сомонї, Љамоати шањраки “Ќубодиён”-и ноњияи Ќубодиён 3000 сомонї, Љамоати дењоти “Ќањрамон”-и ноњияи Њамадонї 3000 сомонї, дењаи Сангтўдаи Љамоати дењоти “Сангтўда”-и ноњияи Данѓара 2500 сомонї, мањаллаи Нурулло Њувайдуллоеви шањри Бохтар бо мукофоти 2500 сомонї сарфароз гардиданд. Шањри Левакант ѓолиби љойи сеюм бо мукофотпулии 5000 сомонї, ноњияи Љ. Балхї ѓолиби љойи сеюм бо мукофоти 5000 сомонї, Љамоати шањраки “Шањритўс”-и ноњияи Шањритўс бо мукофотпулии 2500 сомонї, Љамоати дењоти “Вањдат”-и ноњияи Вахш 2500 сомонї, дењаи Зарбдори Љамоати дењоти “Зарбдор”-и шањри Кўлоб 2000 сомонї, «Мањаллаи-1»-и ноњияи Фархор 2500 сомонї сарфароз гардиданд. Њамчунин барои ширкати фаъолона дар озмуни вилоятї ба муносибати 27- солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ноњияњои Хуросон, Муъминобод, Ш. Шоњин, Балљувон, Темурмалик ва Љамоати шањраки ба номи А. Љомии ноњияи Абдурањмони Љомї, Љамоати дењоти “Зиракї”-и шањри Кўлоб, Љамоати дењоти “Наврўз”-и ноњияи Н. Хусрав, Љамоати дењоти “Дењќонобод”-и ноњияи Дўстї, Љамоати дењоти «Ќумсангир»-и ноњияи Љайњун бо Ифтихорномаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд. Туњфањоро раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода ба ѓолибон супурда, барояшон бурдборињои нав ба нави мењнатї орзу намуд. Бањром МИРОВ, ВАХШОНА, «Хатлон»


4

ХАТЛОН

«ИСТИЌЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН САРВАТ АСТ» Истиќлолият аз диди Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат Эмомалї Рањмон «Мардуми шарифи Тољикистон масъулияти имрўзу фардои кишвар, аз љумла њифзи Истиќлолият, њимояи манфиатњои миллї, тањкими минбаъдаи пояњои давлатдорї, таъмини амнияту оромии давлату љомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд». «Истиќлолияти давлатї ва вањдати миллї ду боли тавоное мебошанд, ки Тољикистонро ба парвозњои баланд њидоят менамоянд. Пойдории вањдати миллї ва сулњу субот дар саросари кишвар ва тараќќиёти њамаи соњањои иќтисоди миллї дар натиљаи хизмати бузургу ќањрамононаи халќи хирадманд, сулњдўст ва бунёдкори тољик ба воќеият табдил ёфт. Мо бояд њамеша дар хотир дошта бошем, ки соњибватан будан хушбахтї ва ифтихори бузург аст. Њамзамон бо ин, ба ќадри ин неъмати бебањо - яъне ватан ва истиќлолияти он расидан масъулияти аз ин њам бузургтар мебошад». «Истиќлолият ба мо имконияти таърихие фароњам овард, ки ватани худро соњибї кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, сунна-

ту арзишњои миллиамонро эњё созем, ормонњои деринаи халќамонро амалї гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роњ монем». «Истиќлолият рамзи соњибдавлатї ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тољик аст, ки номаи таќдирашро бо дасти хеш навишта, роњу равиши хоса ва маќому мавќеи муносиберо дар љомеаи љањонї пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра њамсадо месозад». «Истиќлолият неъмати бебањо ва нињоят пурарзишест, ки халќи тољикро соњиби комилњуќуќи сарнавишти хеш намуд ва љомеаи мо њамчун давлати демократї ба раванди умумии таърихи ањли башар ворид гардид». «Љавњари асосї ва моњияти истиќлолият бояд мањз вањдати миллї бошад, зеро истиќлолиятро бе вањдат ва вањдати миллиро бе истиќлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Имрўз дар кишвари соњибистиќлоли мо вањдати миллї њамчун ѓояи умумимиллї дар радифи мафњумњои озодиву истиќлолият ва сулњу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури

миллии мардуми Тољикистон чун омили мувозинати њамаи тарафњои сиёсати давлатии мо арзёбї мегардад». «Дар марњалаи имрўзаи рушди кишвар сулњу ризоияти миллї бояд натанњо њамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба њайси як фарњанг ва андешаи фарогири умумимиллї дарк гардида, сулњу вањдат ва њамзистии мусолиматомези намояндагони њамаи неруњои сиёсї, њизбу њаракатњо, љањонбиниву андешањо ва дину мазњабњои сокинони Тољикистонро дар бар гирад». «…Се њадафи миллии эълонкардаамон њамчун вазифањои аввалиндараља боќї мемонанд ва мо азми ќатъї дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иљрои онњоро таъмин менамоем. Дар даврањои минбаъда ин њадафњо сифатњои нав касб карда, асоси онњоро гузаштан аз таъмини истиќлолияти энергетикї ба истифодаи самарабахши неруи барќ, аз бунбасти коммуникатсионї баромада, ба кишвари транзитї табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуќавориву дастрасии ањолї ба ѓизои хушсифат ташкил хоњад дод».

Армуѓони идона

давраи ободонї ва бунёдкориву созандагї КЎЛОБ. Дар арафаи љашни 27-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон кўдакони омўзгорону кормандони Донишгоњи давлатии шањри Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї туњфаи хубе гирифтанд. Дар назди донишгоњ боѓчаи бачагона сохта, ба истифода дода шуд, ки дар он беш аз 200 нафар кўдакон ба тарбия ва таълим фаро гирифта мешаванд. Дар назар аст, ки дар сурати имконият пайдо шудан, њамчунин фарзандони сокинони гирду атрофи донишгоњ ба боѓчаи мазкур ќабул карда мешаванд. ШАМСИДДИН ШОЊИН. Дар ноњия ободонию бунёдкорї ба ифтихори љашни 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон босуръат идома дорад. Мувофиќи наќшаи тартибдода дар ин љо сохтмони иншоотњои зиёде дар назар аст. Бо дастгирии маќомотњои болої ва соњибкорони мањаллї аллакай чанд иншоот сохта, дар арафаи љашни истиќлолият ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишї дар маркази ноњия бо сањмгирии соњибкор Мирмад Зарифов, биноњои Маркази шуѓли ањолии ноњия, мактаби тањсилоти миёнаи умумии №20 дар дењаи Шоњони Љамоати дењоти «Даштиљум» аз зумраи чунин иншоотњоест, ки мавриди истифодабарї ќарор дода шуданд. Сохтмони иншоотњои љашнї дар ноњия босуръат идома дорад. ФАРХОР. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия дар дастаљамъї бо соњибкорони мањаллї ба масъалаи сохтмону бунёдкорї, корњои созандагї таваљљуњи хоса зоњир менамоянд. Дар ин љо аллакай якчанд иншооти хизматрасонї, табобатї, фарњангиву соњаи маориф сохта, мавриди бањрабардорї ќарор дода шуданд. Сохтмону ба истифода додани се маркази саломатї дар дењањои Арчаи Љамоати дењоти «Дењќонариќ», Навободи Љамоати дењоти «Дарќад», Шањртеппаи Љамоати дењоти «Ватан», 2 синфхонаи иловагї дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №60 аз љумлаи онњост. Таъмиру азнавсозии маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия бошад, бо суръат давом дошта, рўзњои наздик ба анљом расонида мешавад. ВОСЕЪ. Ба шарофати Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон корњои созандагию бунёдкорї дар ноњия хеле ављ гирифт. Тайи солњои соњибистиќлолї иншоотњои зиёди иљтимоию хизматрасонї, мактабу боѓчањои бачагона, биноњои маъмурї сохта, ба истифода дода шуданд. Аз љумла, танњо дар арафаи љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњия корхонаи асфалтбарорї мавриди истифода ва бањрабардорї ќарор дода шуд, ки акнун сохтмончиёнро ба чунин корхонањои беруна эњтиёљ намондааст. Аллакай тавассути мањсулоти ин

корхона чанд километр роњњо асфалтпўш карда шуданд. Њамчунин, дар дењаи Ѓофилободи Љамоати дењоти ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, дењаи Љаврези Љамоати дењоти ба номи Абдї Авазов, бунгоњњои тиббї ва майдончаи варзишї дар дењаи Гулистони Љамоати дењоти «Гулистон» ба истифода дода шуданд. Дар мањаллањои Сулњобод, Тугарак, Навободи Љамоати дењоти «Тугарак» низ кашидани ќубурњои обгузар ба анљом расида, рўзњои наздик мардуми ин дењањо бо оби тозаи ошомиданї таъмин карда мешаванд. БАЛЉУВОН. Бо дастгирии Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар маркази ноњия бинои «Маркази љавонон» сохта, ба истифода дода шуд. Љавонони ноњия имкон ётанд, ки дар ин љо њунарњои дўзандагї, ќаннодї, њамчунин кор бо компютер, таъмири телефонњои мобилї ва аксбардориро омўзанд. Дар Марказ инчунин омўзиши забонњои русию англисї ба роњ монда мешавад, ки барои ин кор омўзгорони варзида љалб карда шудаанд. Бахши љавонони ноњия ва ихтиёриёни љалбгардида низ аз утоќњои кории ин Марказ истифода хоњанд бурд. Сохтмони варзишгоњ-майдони варзишии пўшида дар маркази ноњия низ босуръат давом дорад. Дар баробари ба истифода додани ин варзишгоњ љавонон имконият пайдо мекунанд, ки тамоми фаслњои сол дар ин љо машќу тамрин намоянд. ХОВАЛИНГ. Хонандагони дењаи Сиёњфарки Љамоати дењоти «Шугнов» дар арафаи љашни Истиќлолият соли нави хонишро дар бинои нави таълимии бо васоити таълимї муљањњаз шурўъ намуданд. Хонандагон аз ѓамхорињои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон миннатдор буда, дар љамъомади Рўзи дониш изњор доштанд, ки бо бањои хубу аъло хонда, ворисони арзандаи сарзамини аљдодиашон мешаванд ва ба нафъи халќу ватан хизмати арзанда менамоянд. Биноњои мактаби тањсилоти миёнаи умумии дењањои Гулзор ва Шехони Љамоати дењоти «Љомбахт» бошад, аз таъмири асосї пурра бароварда, бо тамоми шароити таълим муљањњаз гардонида шуданд. Дар ин раванд дар дењаи Гулзори Љамоати дењоти «Љомбахт» њамчунин бинои маркази саломатї сохта, ба истифода дода шуд, ки барои сокинони мањаллаи мазкур шароити хуби нигоњдошти саломатиро фароњам намуд. Сохтмони дигар иншоотњои љашнї бо маром идома дорад. Дар назар аст, ки дар ноњия то љашни 30-солагии Истиќололияти давлатии Љумњурии Тољикистон зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги гуногун сохта, ба истифода дода мешаванд. Наљот Сафарзода, «Хатлон»

ЊАМАДОНЇ. БУНЁДИ ИНШООТИ ЉАШНЇ Дар доираи таљлили љашни 27-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани боз 5 иншооти љашнї дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї дар назар аст. Зимни тасдиќи ин хабар Илёсиддин Набиев, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњия, ба рўзномаи “Хатлон” гуфт, ки яке аз иншооти љашнї ин бунёди шуъбаи таваллудхона дар дењаи Мењнатобод мебошад. Бинои мазкур аз њисоби соњибкори мањаллї А. Љобиров бо маблаѓи 260 њазор сомонї бунёд гардидааст. - Дар рўзњои љашни Истиќлолияти давлатї њамчунин ќарор аст, ки толори варзишї дар назди мактаби варзишии ноњия, аз њисоби маблаѓњои буљети мањаллї бо маблаѓи 1 миллион сомонї ба истифода дода хоњад шуд, - иброз дошт И. Набиев. Ба иттилои манбаъ, дар дењаи Мењрвари ноњия бошад, синфхонањои иловагї дар назди муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №30 иборат аз ду ошёна, 12 синфхона барои 300 љойи хониш дар як баст дар арафаи истиќлолият ба истифода

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

супорида мешавад. Бинои мазкур дар њаљми 1,6 миллион сомонї сохта шудааст. Њамчунин, бинои маъмурии шабакањои барќи ноњия бо маблаѓи 1 миллону 320 њазор сомонї бунёд гардидааст, аз љумлаи иншоотњои љашнї дар ноњия буда, бо маблаѓгузории ЉСК Шабакањои барќи минтаќаи Кўлоб сохта шудааст. - Ба муносибати љашни Истиќлолияти давлатї дар ноњия Парчами давлатї бо баландии 27 метр ва Нишони давлатї бо баландии 15 метр дар назди бинои маќомоти иќроияи њокимияти давлатии ноњия бо маблаѓи 106 њазор сомонї бунёд мегардад, - зикр намуд И. Набиев. Боиси зикр аст, ки дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї дар доираи омодагињо ба таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї сохтмони 136 адад бинову иншоот, бунёди пулњо, роњњои автомобилгард, корхонањои саноатї дар назар аст, ки аз ин шумора 47 адад бинову иншоот дар самти маориф, 22 адад дар соњаи тандурустї, 41 адад дар самти фарњанг, хизматрасониву варзиш, 26 корхонаи саноатии хурду миёна мебошад. Ф. БОБОЕВ, “Хатлон

шанбе, 8 сентябри соли 2018, №34 (3171) «Арзиши истиќлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбї карда намешавад. Истиќлолият бузургтарин сарват ва бебањотарин неъмат барои њар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад. Ин мафњумњо барои мо, тољикон, махсусан азиз ва муќаддасанд. Мањз аз њамин хотир, истиќлолияти воќеии давлатамонро, ки моњияти рањої аз дастнигарї ва расидан ба худшиносиву худнигариро дорад, на танњо мо, наслњои имрўза, балки наслњои оянда бояд чун гавњараки чашм њифз ва эњтиёт намоем». «Њарчанд халќи тољик аз ќадимтарин халќњои дунёст, њарчанд аз љумлаи миллатњоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд, њарчанд фарзандони бадонишу бафарњангаш мисли нигини тобноке тољи давлату давлатдорињои аљнабиро шукўњ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурўпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тўли њазор соли охир аз давлату давлатдорї мањрум буд. Аз ин рў, санаи 9 сентябри соли 1991 барои мо натанњо њамчун Рўзи истиќлолияти Тољикистон, балки њамчун санаи барќарории адолати таърихї азизу арљманд аст».

Дар литсейи касбїсаноатии шањри Левакант бахшида ба 27-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон тањти унвони «Истиќлолият неъмати бебањост» мизи мудаввар баргузор гардид.

Фароњамсоз Њангомаи ИСМАТ ву љоннисорињои мардуми тољик бањри расидан ба ин рўзи нек, хизматњои Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар роњи расидан ба сулњу суботи комил ва маќоми усту-

ИСТИЌЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАЊОСТ Дар чорабинї аъзои Шўрои собиќадорони љангу мењнат, намояндагони КИ ЊХДТ дар шањр, бахши кор бо љавонон ва варзиш, китобхонаи марказии шањр, аъзои мањфили адабии “Гулбазм” ва касбомўзону устодони ин муассисаи таълимї ширкат намуданд. Ањли нишаст аз бузургиву ањамияти таърихии истиќлолият, мубориза-

вор касб намудани Љумњурии Тољикистон дар њаёти сиёсиву иќтисодии љањон мавриди гуфтугў ќарор доданд. Њамчунин, шеърњо дар васфи истиќлолият, ватан ва вањдату ягонагї сурудаи аъзои мањфили “Гулбазм” Рањматулло Исматї ба чорабинї њусни дигар бахшид. Ашк ЮСУФЇ, Далер ИБОДУЛЛОЗОДА, шањри Левакант

Китоб кони ганљ аст Дар арафаи љашни 27солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бахшида ба «Рўзи Китоб» бо ташаббуси Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», Китобхонаи давлатии патентию техникї, озмуни умумиљумњуриявии

Робия Ќодирова «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид. Дар озмун китобхонањои шањру навоњии минтаќаи Кўлоб фаъолона иштирок намуда, барои сањми арзанда гузоштан дар рушди соњаи китобдорї, баланд бардоштани маќоми китоб дар љомеа, њифзу нигањдории хазинаи гаронбањои миллат, ташвиќ ва тарѓиби мутолиаи китоб ва иштироки фаъолона дар сеюмин озмуни умумиљумњуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2017-2018» сазовори љоизањои озмун гардидаанд. Аз љумла, дар номинатсияи «Китобхонаи сол» Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб» соњиби «Дипломи дараљаи 1», Китобхонаи марказии ноњияи Муъминобод соњиби љоизаи «Гран-При-3» ва Китобхонаи марказии ноњияи Њамадонї соњиби «Ифтихорнома» гардиданд. Дар номинатсияи «Китобдори сол» Хайрулло Набиев, муди-

ри филиали китобхонаи № 8-и дењоти «Дўстї»-и ноњияи Муъминобод соњиби љоизаи «ГранПри-3» ва Оламбї Азимова, методисти Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб» сазовори «Ифтихорнома»-и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», Китобхонаи давлатии патентию техникї гардид. Дар номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол»: Китобхонаи шахсїљамъиятии «Вализодагон», Китобхонаи шахсии «Кошонаи Файз»-и ноњияи Њамадонї, Китобхонаи шахсии «Ганљи Мунк»-и ноњияи Ховалинг, китобхонаи шахсии «Асрори маънї»-и ноњияи Муъминобод сазовори љоизањои «ГранПри» ва туњфањо гардиданд. Њамзамон дар доираи татбиќи «Барномаи давлатии рушди муассисањои фарњанги Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020» ва фармоиши Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон аз 1 майи соли 2018, тањти № 79 озмуни љумњуриявии «Библиомарафон» тањти унвони «Њамнишине бењ аз китоб махоњ» санаи 4 сентябр дар шањри Душанбе љамъбаст гардид. Робия Ќодирова, хонандаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 30-шањри Кўлоб, њамзамон хонандаи фаъоли Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб» дар озмун ѓолиби љойи дуюм шуда, бо Дипломи дараљаи 2 барои иштироки фаъолона ва ѓолибият дар бахши «Хонандаи бењтарин», сазовори мукофоти пулї ва «Рамз»-и озмун сарфароз гардонида шуд. С. Обидов, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб»

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

ТОЉИК БО НУРИ ИСТИЌЛОЛ ШУД ОВОЗАДОР

Хусрав МИРАЛИЕВ, прокурори ноњияи Кўшониён, мушовири адлияи дараљаи 1 Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз баромадњояшон чунин иброз доштанд: «Соњиби давлати мустаќил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тољикон рўйдоди воќеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки таќдири имрўзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархўрдор аст». Бале, њаќ бар љониби Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон аст, ки Љумњурии Тољикистони азизи мо истиќлолияти комили давлатиро соњиб гардид. Тољикам бо нури Истиќлол шуд овозадор, Шодмонї мекунам бо номи некаш ифтихор. Файзи Истиќлол ўро кард машњури љањон, Мекунам хизмат ба ў бо љону дил фарзандвор. Паёми озодї ва мустаќилият, ки 27 сол пеш аз ин дар фазои мамлакатамон танинандоз гардида, аз ќиёми як миллати сарфароз љањониёнро огањ кард. Мардуми сайёра ин башоратро, ки офтоби эњё аз њарфаш тулўъ мекард, бо хушнудї истиќбол гирифтанд. Албатта, истиќлол, ки њељ ганље дар љањон њамрангаш нест, барои мо ба осонї ба даст наомадааст ва моро лозим аст, ки ба кадри ин неъмати арзишманд расему чун гањвараки чашм онро нигоњ дорем. Истиклолият барои мо рамзи олии ватану ватандорї, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустаќил, кору пайкори пайгиронаи созандагї, азму талошњои фидокоронаи расидан ба истиќлолияти сиёсї, иќтисодї ва фарњангї буда, меъёрњои љомеаи шањрвандиро тањким бахшид ва дар як ваќт њаёти озодонаи њар як фард ва олитарин дараљаи бахту саодати воќеии миллатро таъмин намуд. Ќобили ёдоварист, ки Истиќлолият барои мо нишони барљастаи пойдории давлат, бањои симои миллат, рамзи асолату њувият, мазњари

идеалу ормонњои таърихї, шиносномаи байналмилалї ва шарафу эътибори ба љањони мутамаддин пайвастани кишвари соњибистиќлоли Тољикистон мебошад. Тољикон аз ќадимулайём миллати озодпарасту озодихоњ буданд. Солњои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри таќдир ва бар асари тањаввулоти фарогири сиёсиву иљтимоии ибтидои солњои 90- уми асри гузашта халќи тољик баъди њазор сол аз нав ба эњё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиќлолият дар таърихи њазорсолаи халќи тољик воќеаи хеле бузург буд. 24-уми августи соли 1990 Иљлосияи дуюми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон Эъломия ќабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард: «Љумњурии Тољикистон давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мебошад». 9 сентябри соли 1991 бори нахуст Рўзи истиќлолият таљлил карда шуд. Вале Тољикистон аз нахустин рўзњои истиќлолияти худ дар раванди барќарорсозї ва ташаккули пояњои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии љомеа, суботи сиёсиву иљтимоии кишвар ба мушкилоту монеањои сангин рў ба рў гардид. Пас аз ба даст овардани истиќлолият Тољикистон ба гузаронидани ислоњоти иќтисодї шурўъ намуд. Пеш аз њама дар љумњурї заминаи њуќуќии ислоњоти иќтисодї дида баромада шуд. Дар ин бора ќабули конунњо оид ба моликият, кооперативњо, соњибкорї, дар бораи андози даромад, буљети давлатї, пардохти истифодаи замин ва ѓайрањо шањодат медињанд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба сохтмони НБО «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», «Помир-1», «Роѓун», роњи оњани Бохтар-Кўлоб, наќби Анзоб шурўъ карда шуд, ки пурра иљро гардидани онњо Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистонро дар ќатори давлатњои мутараќќї хоњад гузошт. Вожаи «Истиќлолият» Њукумати Љумњурии Тољикистонро водор намуд, ки дар муддати кўтоњ сохтори давлатро ба меъёрњои дунявї созгор намояд. Тољикистонро шинохтани кишварњои љањон далели равшани афкори хирадмандонаи роњбарияти олии давлати тољикон мебошад. Тасдиќи рамзњои давлатї, асъори миллї, бунёди муассисањои фарњангию тиљоратї, сохтмонњои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд

гардонд. Имрўз њар як тољик аз он ифтихор менамояд, ки соњиби ватани озод ва давлати мустаќил аст. Хушбахтии мардуми тољик дар он аст, ки дар њама њолат сабру тањаммулро пеша карда, ба марзу бум ва хоки кишвари дигар чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи њимматбаландї ва бофарњангии мардуми шарифи мост. Новобаста аз душворињои зиёд, неруи фарњангии собиќа ба миллати тољик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъљози тафаккури офтобї бунёд созад. Дар њаќиќат шукргузорї аз он мекунем, ки моњи декабри соли 1991 ваќте ки Иттињоди Шўравї аз байн рафт, Тољикистон мисли љумњурињои дигар озодии воќеї ба даст овард. Љумњурии мо акнун бо тамоми мамлакатњои љањон мустаќилона робита барќарор мекунад. Тољикистонро беш аз 160 давлати дунё ба расмият шинохтанд. Тољикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттањид гашт ва ба оилаи кишварњои озоди љањон пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардњои бузурги халќи тољик дар тўли 27 соли истиќлолият мебошад. Зиёиён ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тољикистон дар арсаи байналмилалї бештару зиёдтар пуштибонї аз фарњанги волои худ карданд ва бо ќаламу сухан, суруду ситоиш љомеаро ба сўи маърифати баланд њидоят намуданд. Мањз ањли зиё бо дониши комил, зиракии сиёсї ва эњсоси баланди ватандўстї монеањои мављударо паси сар намуда, дар пешрафти рўзафзуни кишвари соњибистиќлоламон сањми арзанда гузоштанд. Дар солњои истиќлолият барои эњё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шањдбори тољикї мебошад, љойгоњи арзанда ва маќоми шоиста муњайё сохтем. Истиќлолият рамзи саодати миллат ва давлати соњибихтиёри миллї, нишонаи пойдориву баќои он мебошад. Зеро миллате соњиби ному иззат шуда метавонад, ки истиќлоли воќеї ва давлати озоду мустаќили хешро дошта бошад. Имрўз ќарзи њар шањрванди љумњурї ин аст, ки дар баробари ба љо овардани шукронаи соњибватанї ва ифтихор кардан аз Тољикистони соњибистиќлол, тамоми кўшишро ба хотири тањкими вањдати миллї, сарљамъии миллат ва ободии имрўзу фардои Љумњурии Тољикистон сафарбар намояд. Бигзор Истиќлолият дар сарзамини бињиштосоямон Тољиикстон њамеша танинандоз бошад.

МАН ТУРО ДЎСТ МЕДОРАМ, БОХТАР! Ба муносибати 27-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Бохтар аз тарафи ширкати мобилии “МегаФон Тољикистон” лавња бо навиштаљоти “Ман туро дўст медорам, Бохтар!” мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Боиси хушбахтї ва сарфарозист, ки дар оѓози таљлили яке аз санањои муњим дар таърихи давлатдории Љумњурии Тољикистон, яъне љашни Истиќлолияти давлатї бо дастгирии ширкати “МегаФон Тољикистон” барои боз њам зебову дилоро гардидани шањри Бохтар навиштаљоти “Ман туро дўст медорам, Бохтар!” мавриди истифода ќарор дода шуд, - гуфт Музаффар Ѓафуров, намояндаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар. Истиќлолияти давлатї, ки бо кўшишу љонбозињои Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст омадааст, моро мебояд, ба ќадри ин неъмати бебањо бирасем ва шукрона аз тинљиву суботи сартосарї намоем, - зикр намуд Абдулмаљид

Саидњасанов, раиси ширкати мобилии “МегаФон Тољикистон” дар вилояти Хатлон. - Дар назди «Теппаи Ќўрѓон»-и шањри Бохтар лавњаи “Ман туро дўст медорам, Бохтар!”ро васл намудем. Ин лавња аз љониби ширкати “МегаФон Тољикистон” њамчун туњфа ба сокинони шањр дар арафаи таљлили 27-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон таќдим карда мешавад. Боварї дорем, ки ин лавња рамзи мењру муњаббати мардум ба шањру мамлакати азизамон мегардад, - афзуд А. Саидњасанов. Ф. ДАВЛАТ, “Хатлон”

эътибор надорад Шањодатномаи ронандагии гумшудаи №700308, гурўњи 13, дараљаи «С», ки онро соли 1991 мактаби ронандагии ТЉММ-и шањри Бохтар ба Давлатов Асњобидин додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи СТС №0060814, ки онро соли 2004 МТМУ №27 ба номи Холмирзо Ѓозиеви ноњияи Кўшониён ба Шокиров Сафаралї Љамолович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0111644, ки онро соли 2007 МТМУ №23-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Исмоилов Зайниддин Абдурашидович додааст, эътибор надорад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Саттор Ќарахонов

Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 07.09.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №34 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu