ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №3 (3188)
Панљшанбе, 17 январи соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
ш. Душанбе, 14 январи соли 2019, №1176
Њакимзода Ќурбон Раиси вилояти Хатлон Њакимзода Ќурбон соли 1966 дар ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд таваллуд шудааст, миллаташ тољик. Соли 1988 Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шотемурро хатм кардааст. Номзади илмњои кишоварзї мебошад. Cолњои 1988-1996 дар вазифањои агрономи хољагии ба номи С. Урунхољаеви ноњияи Бобољон Ѓафуров, раиси Иттињодияи истењсолии «Сельхозхимия»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров, муовини раиси Иттињодияи истењсолии «Облселхозхимия»-и шањри Хуљанд ва мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии Њукумати вилояти Суѓд кор кардааст. Солњои 1996-2008 њамчун раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суѓд, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суѓд, муовини раиси ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд, муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суѓд ва сардори Идораи кишоварзии вилояти Суѓд фаъолият намудааст. Солњои 2006-2008 муовини раиси вилояти Суѓд, солњои 2008 2010 раиси ноњияи Зафарободи вилояти Суѓд, солњои 2010 - 2013 Раиси ноњияи Фархори вилояти Хатлон ва солњои 2013 - 2018 муовини якуми раиси вилояти Хатлон буд. Аз соли 2018 то соли 2019 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 14 январи соли 2019, №1176, раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Бо забонњои русї, ўзбекї ва англисї озодона њарф мезанад. Бо медали љашнии 20-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон мукофотонида шудааст. Оиладор, соњиби 4 фарзанд.
Ин раќам нисбат ба соли 2017-ум ба ќадри 838 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар вилоят соли гузашта 69 корхона ва коргоњи нави саноатї бунёд ва 955 нафар ба љойи кор таъмин гашт. То љашни умумимиллии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилоят боз бунёди 232 корхонаи нави саноатї ба наќша гирифта шудааст. Дар маљмўъ, дар давоми се соли оянда дар вилояти Хатлон бунёди 6 њазор иншооти гуногун ба наќша гирифта шудааст, ки аллакай 1 њазору 163 адади он мавриди истифода ќарор гирифтаанд.
Алњол бо љалби мутахассисони мањаллї корњои сохтмонї дар 40 иншоот бомаром давом доранд. Њоло дар ноњия 5 китобхона сохта шуда истодааст. Њамчунин, дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисањои соњаи маорифи вилояти Хатлон барои солњои 2017-2021» бунёди 19 биною синфхонањои иловагї дар назар дошта шудааст. Танњо дар соли
2018-ум 28 иншоот мавриди бањрабардорї ќарор гирифт ва теъдоде аз сокинон бо љойи кори доимї таъмин шуданд. Бо харљи 1 миллиону 150 њазор сомонї дар даромадгоњи ноњия дарвоза ва љой барои ќабули мењмонон бунёд шуда истодааст. Дар ин мавзеъ дидбонгоњи замонавї барои кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилї низ сохта хоњад шуд.
КЎЛОБ. КУРСИ ОМЎЗИШИИ «ДУХТАРОНИ САРВАР» Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шањри Кўлоб барои омода намудани занону духтарони болаёќат ба вазифањои роњбарикунанда чорањои дахлдор андешида, дар њамкорї бо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон омўзиши маќсаднокро ташкил намуд. Курси мазкур моњи октябри соли 2018 дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои роњбарикунандаи Љумњурии Тољикистон аз њисоби занону духтарони лаёќатманд барои солњои 2017-2022» ташкил гардида, 41 нафар духтарони фаъол аз донишгоњњо, коллељњои тиббї ва омўзгорї ба он фаро гирифта шуданд. Чанде пеш дар толори машваратии Донишгоњи давлатии Кўлоб курси омўзишии «Духтарони сарвар» бо иштироки масъулини соња љамъбаст гардида, ба шунавандагони он гувоњномањои хатм супорида шуд.
Миллати тољик соњиби оину суннатњои бостонї ва фарњанги ќадима мебошад. Суннату оинњои нек ва љашнњои миллии мо, амсоли Наврўз, Мењргон ва Сада, дар таърихи тўлонии хеш тарѓибгари ахлоќу маънавиёти созанда ба шумор рафтанд. Хушбахтона, бо сиёсати оќилонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ин љашнњои ниёгон аз нав эњё гардида, ботантана љашн гирифта мешаванд. Ин љашнро ба он хотир љашни Сада меноманд, ки аз шумораи 100 гирифта шуда аст. Воќеан, аз 10-уми моњи Бањман то омадани Наврўз 50 шабу 50 рўзро фаро мегирад. Ба ќавли донишманди нуљумшинос Абўрайњонї Берунї аљдодони баруманди мо шабу рўзро алоњида њисоб мекарданд, ки он дар якљоягї то расидани Наврўз 100 шабонарўзро дар бар мегирифт.
дастгирии бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон идњои суннатии ниёгон аз нав эњё гардида, бо шукўњу шањомати хоса љашн гирифта мешавад. Нисбати дастовардњои кишоварзони вилоят дар соли сипаригардида сухан ронда, таъкид доштанд, ки 822,5 тонна ѓалладонагињо, 178,8 тонна пахта, 119, 8 њазор тонна сабзавот,
САДА-МУЖДАИ НАВРЎЗ Иди Сада баъди ба итмом расидани Чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардињои замистон муждаи аз наздик расидани бањор мешуд. Рўзи 12 анвари соли равон зањматкашони вилояти Хатлон аввалин шуда љашни Садаро бо омодагињои њамаљониба ва бо базму тарабу шодиву нишот таљлил намуданд. Сањни театри вилоятии мусиќїмазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонов идгоњро мемонд. Кишоварзон мањсули дастранљи хешро пешкаши њакамону мењмонон намуда буданд. Сабзавоту меваљот, ѓалладонагињову мањсули дасти њунармандону косибон диќќати њамагонро ба худ љалб намуда буданд. Оташи афрўхтаи марди дењќон ба чењрањо нуру ба ќалбњо сурур мебахшид. Дар њаќиќат, Сада моњиятан пирўзии рўшноиро бар торикї ифода менамояд ва бо тантанањои оташафрўзї, садои дафу чанг омад-омади бањор, муждаи Наврўзи аљамро ба њамагон мерасонад. Ин буд, ки сокинони вилоят, шањру навоњї, хурду бузург дар ин тантана бо дастовезњои мењнатии хеш љамъ омада буданд. Масъулини вилояти Хатлон ва Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон аз намоиши мањсули дастранљи дењќонон ва њунармандон дидан намуда, бањои баланд доданд. Дар њаќиќат, љашни Сада, тавре ки дар боло зикр намудем, аз љашнњои ниёгони мо, нишона буда, дар асарњои шоирони мо- Абулќосим Фирдавсї ва Абўрайњони Берунї хуб маънидод шудааст. Абулќосим Фирдавсї дар асари хеш “Шоњнома” пайдоиши љашни Садаро ба давраи подшоњии Њушанг нисбат додааст. Њушанг ба мардум афрўхтани оташро омўзонид ва ба љашни Сада бунёд гузошт. Њамчунин, Абўрайњони Берунї дар асари хеш љашни Садаро рамзи пирўзии Фаридун бар Зањњок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрўзии оини Сада нисбат медињад. Ин буд, ки љашни Садаро дар маркази вилоят бо омодагињои њамаљониба, дастовардњои мењнатї, раќсу бозї, савту наво таљлил намуданд. Чуноне ки дар љамъомад таъкид рафт, баъди ба даст овардани Истиќлолияти давлатї ва бо
Корхонањои саноатии вилояти Хатлон њаљми истењсоли мањсулотро дар якљоягї бо бахши хусусї дар соли 2018 ба 6,7 миллиард сомонї расониданд.
Дар ноњияи Дўстї ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёди 117 иншооти таъйиноти гуногун ба наќша гирифта шудааст.
Эмомалї Рањмон
Дар бораи раиси вилояти Хатлон таъин намудани Њакимзода Ќ. Мутобиќи моддаи 69 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон фармон медињам: Њакимзода Ќурбон раиси вилояти Хатлон таъин карда шавад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон
АЗМИ БУНЁДИ 232 КОРХОНАИ САНОАТЇ ДАР СЕ СОЛ
ДЎСТЇ. ОМОДАГЇ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИЌЛОЛИЯТ
Дар замони истиќлолият Сада баробари дигар маросиму суннатњои миллии мо, аз љумла Наврўзу Мењргон умри дубора пайдо карда, таљлили њарсолаи он ба њукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи љашнњои миллиамон ба ќонунгузории мамлакат ворид гардид. Ба муносибати фаро расидани ин љашни бостонї – мероси арзишманди маънавии ниёгони некномамон кулли мардуми шарифи Тољикистонро самимона табрик гуфта, ба хонадони њар як фарди миллат гармиву нур ва рўзгори пурсаодат орзу менамоям. Умедворам, ки мардуми мо ва хусусан, кишоварзон, дар баробари риояи суннатњои ин љашни бостонї ба яке аз љанбањои бисёр муњимми он, яъне омодагї ба корњои сањрої, об додану нигоњубин кардани заминњои кишт, нињолшинонї, бунёди боѓњои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кўчаву хиёбонњо эътибори љиддї медињанд.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
7 рЎзи ХАТЛОН
216,5 њазор тонна картошка, 512,4000 тонна полезї, 188,5 њазор тонна мевагињо, 104,5 њазор тонна ангур истењсол гардидааст. Истењсол ва содироти мањсулоти кишоварзї афзун гардидаст. Аз њудуди вилоят соли 2018 96,4 њазор тонна, аз љумла 75925 тонна сабзавот ба хориљи кишвар содирот гардидааст, ки 153,1 фоизи наќшаро ташкил медињад. Тавре ки дар љамъомади тантанавї таъкид рафт, њаљми умумии мањсулоти кишоварзї ба 12,8 миллиард
ЁВОН. БУНЁДИ ЯК МАКТАБ ВА 45 СИНФХОНАИ ИЛОВАГЇ
Бо маќсади бењдошти вазъи таълиму тарбия соли гузашта дар ноњияи Ёвон як муассисаи нави тањсилоти миёнаи умумї, инчунин, дар назди 14 муассисаи таълимї 45 синфхонаи иловагї сохта ба истифода дода шуд. Алњол сохтмони боз як муассисаи нави таълимї ва 15 синфхонаи иловагї, як толори варзишї ва ду хонаи муаллимон дар назди якчанд муассиса идома дорад. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия дар соли тањсили 2018-2019 ба муассисањои тањсилоти умумї 540 миз, 1080 курсї ва 22 тахтаи синфї дастрас кардааст. Дар 84
муассисаи таълимии ноњия ба 53 њазору 767 хонанда 2491 омўзгор таълим медињанд. Дар 7 муассисаи томактабї 1150 кўдак дар 50 гурўњ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 45 маркази инкишофи кўдак 48 гурўњ ташкил карда шуда, иловатан 901 кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
МУЪМИНОБОД. ШУМОРАИ САЙЁЊОН АФЗОИШ ЁФТ Соли 2018 ба ноњияи Муъминобод ташрифи сайёњони дохилию хориљї ду баробар афзоиш ёфт, ки ин аз дуруст ба роњ мондани кори мутасаддиён дар самти ќабули сайёњон ва муаррифии мавзеъњои таърихї шањодат медињад. Ба иттилои масъули бахши сайёњии ноњия Сафаралї Фозилов, соли гузашта дар Муъминобод хатсайрњои нав ташкил карда шуда, харита ва буклету шиносномањо чоп гардиданд. Дар Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар ноњияи мазкур њунармандон дар љамоатњои дењот, маркази ноњия ва дурдасттарин дењањо марказњои касбомўзї ташкил намуда, садњо нафар љавононро ба омўзиши чакандўзию ќуроќдўзї, ќолинбофї, дуредгарию оњангарї ва дигар њунарњои миллї љалб карданд.
ШАЊРИТЎС. МАБЛАЃГУЗОРЇ БА МАОРИФ ЗИЁД ШУДААСТ Дар соли 2018 њаљми умумии даромади ноњияи Шањритўс 100,6 фоиз таъмин гардида, бо зањмати пайвастаи мењнаткашони ноњия наќшаи солонаи аксар соњањои хољагии халќи ноњия пурраю барзиёд иљро шуд. Ба иттилои муовини аввали раиси ноњия Д. Нишонзода, соли гузашта дар соњаи кишоварзї 5 лоињаи сармоягузорї амалї гардида, њамзамон маблаѓгузорї ба соњањои маориф ва тандурустї мутаносибан 2 ва 1,2 баробар афзудааст. Дар баробари зикри дастовардњо, њамчунин баён гардид, ки дар ибтидои соли 2018
дар љамоатњои дењоти ноњия сохтмони 5 адад корхонаи хурди истењсолї ба наќша гирифта шуда бошад њам, то анљоми сол сохтмони онњо оѓоз нагардидааст. «Ба масъулон барои бартараф кардани камбудињо дар ин самт маслињат ва дастурњои зарурї дода шуд», - афзуд ў.
ТАЪМИНИ 883 КОРЉЎ БО КОРИ ДОИМЇ ДАР ЌУБОДИЁН Музди миёнаи мењнати моњонаи кормандон дар ноњияи Ќубодиён 790,48 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 32,14 сомонї зиёд будааст. Тавре ки Алї Тољиев, муовини раиси ноњия, ба рўзномаи «Хатлон» хабар дод, ќарздории музди мењнати кормандон дар ноњия вуљуд надорад. Таъсиси љойњои нави корї ва њарчи бештар бо шуѓл таъмин кардани шањрвандони бекор, хусусан дар шароити имрўза самти муњими сиёсати иљтимоии давлат мебошад. Дар соли 2018 дар Ќубодиён 883 нафар, аз он љумла 499 нафар занон бо кори доимї таъмин гардида, 39 шањрванди эњтиёљманд, ки дар бозори мењнат бо дигарон раќобат карда наметавонанд, тариќи љойбандкунї дар ташкилоту муассисањои ноњия, 25 нафар тариќи ташкили корњои фардї ва 65 нафар ба корњои љамъиятї фаро гирифта шудааст. «Дар ноњия 2064 љойи кории нав таъсис дода шуд, аз он љумла доимї 864, ѓайридоимї 54, мавсимї 904 ва муваќќатї 242 љойи корї мебошад», - зикр кард А. Тољиев.
КАШФИ МАЊАЛЛАИ ЌАДИМАИ ЊУНАРМАНДЇ ДАР ЊУЛБУК сомонї расонида шуд, ки нисбати соли 2017-ум 318,7 миллион сомонї зиёд аст. Њамчунин, оид ба дастовардњои соњаи чорводорї, парандапарварї таъкид ба миён рафт. Аз љумла зикр гардид, ки бо истифода аз технологияи пешќадам фабрикањои парандапарварї дар ноњияњои Ёвон, Данѓара, Панљ ва Левакант мањсулоти хушсифат истењсол намуда, ба бозорњои дохилии кишвар ба фурўш баровардаанд. Натиљаи мењнати бурдборонаи зањматкашони вилоят дар љашни Сада љамъбаст гардида, ба бењтаринњои соњањои хољагии халќ туњфањои хотиравї ва сипосномањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят супурда шуд. Вахшона, «Хатлон»
Дар натиљаи ковишњои бостоншиносї аз шањристони Њулбуки ноњияи Восеъ мањаллаи њунармандї бо дуконњои он бозёфт гардиданд. Ба иттилои сардори шуъбаи њифз ва истифодаи мероси таърихию фарњангии Вазорати фарњанги Тољикистон Шералї Хољаев, ковишњои бостоншиносї дар њудуди шањристони Њулбук яке аз аввалинњо буда, тибќи он бояд тарњи шањри асримиёнагї пурра муайян карда шавад. «Баъди аввалин корњои тањќиќотї муайян гар-
дид, ки дар ќисмати шимолу шарќии шањристон мањаллаи хунармандї бо дуконњо, хумдонњои шишапазї, коркарди маснуоти филизї ва симобкўзапазї бо боќимондањои мањсулоти нимтайёр бо риояи тамоми талаботи санитарї ва таъмини об љойгир гардидаанд, ки дар оянда боз њам омўзиши мукаммалро талаб менамоянд», - иброз дошт Шералї Хољаев.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj
2
ХАТЛОН
ПАНЉшанбе, 17 январи соли 2019, №3 (3188)
Сафарнома
Дар партави Паём Паёми њамасолаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат, бешак, дар кору фаъолият ва зиндагии њама тољику тољикистониён як роњнамои доимї мањсуб меёбад. Бидуни шубња, Паёмњои Сардори давлат њама соњањои хољагии халќ ва њаёти мардуми Тољикистонро дар бар гирифтааст. Мо чї дар кор ва чї дар зиндагиамон ба паёмњои халќпарваронаи Президенти мамлакат такя намуда, бањри тараќќиёт ва инкишофи ояндаи ватанамон ќадамњои устувор мегузорем. Аз ин љост, ки Сардори давлат дар паёмњои њарсолаи худ мардумро ба ватандўстї, мењнати њалол бањри гулгулшукуфоии ватан, њамдигарфањмї, дўстии халќњо, ахлоќи воло рањнамун ва њидоят месозад. Тавре дар боло ќайд намудем, Паёми навбатии Сардори давлат тамоми соњањои хољагии халќро мўшикофона тањлил намуда, барои пешрафти ояндаи мамлакат маслињату супоришњои мушаххас додааст. Аз лањзаи сари ќудрат омаданаш Эмомалї Рањмон ба њама соњањои њаёти љомеа, аз љумла ба солимии љомеа, диќќати њамаљониба медињад. Аз ин љост, ки бо ѓамхории њамарўзаи Президенти мамлакат кормандони соњаи тиб дорои шароитњои хуби корї мебошанд. Медонем ва мешунавем, ки дар њудуди љумњуриамон ќариб рўзе нест, ки як бемористони нав, дармонгоњи нав,
Роњнамои зиндагї маркази саломатии нав сохта ба истифода дода нашавад. Њамаи ин амалњо ба фоидаи халќ, бањри солимии њаёти љомеа нигаронида шудааст, ва ба пешрафту тараќќиёти мамлакат њамаљониба мусоидат менамояд. Дар Паёми навбатии Сардори давлат аз љумла омадааст: “Мо ба солимии љомеа ва њифзи иљтимоии ањолї низ диќќати махсус дода, инфрасохтори муассисањои тиббї ва њифзи иљтимоии ањолиро мунтазам тавсеа ва тањким бахшида истодаем. Њоло дар 19 шањру ноњияњои мамлакат “Барномаи кафолатњои давлатї оид ба таъмини ањолї бо кумаки тиббию санитарї дар ноњияњои таљрибагии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2017-2019” амалї гардида истодааст ва ин таљриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад. Илова бар ин, дар давоми 3 соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказњои саломатї ва дигар иншооти соњаи тандурустї бунёд карда мешаванд”. Ин њама амалњои ватандўстона ба
мо-кормандони соњаи тандурустї дар оянда умедњои наву тоза мебахшанд. Мо акнун боварии комил дорем, ки соњаи тандурустии мамлакат сол аз сол тараќќї намуда, дар ин бобат ба давлатњои пешрафта баробар хоњад шуд. Шуъбаи касалињои пўсти шањри Бохтар яке аз марказњои саломатии куњнатарин ба шумор меравад. Дар он табибоне кор мекунанд, ки мањорати баланди касбї ва таљрибаи басе бой доранд. Њар рўз мо дањњо беморонро ќабул намуда, ба онњо маслињатњои муфид медињем ва ба саломатиашон кумак мерасонем. Ман шахсан чун сардори шуъба дар роњу растањо бисёр касонро вомехўрам, ки аз дасти кормандони шуъбаи мо табобат ёфтаанд ва аз ин љињат аз мо-табибон бењад хурсанду миннатдоранд. Ин мо-табибонро водор месозад, ки њамарўза дар кори худ масъулияти љиддиро эњсос намоем ва бо бемороне, ки мурољиат мекунанд, муомилаамонро боз њам бењтару хубтар гардонем. Мо дар ихтиёри худ як маркази саломатї дар
шањри Бохтар ва яктои дигар дар ноњияи Кўшониён дорем. Ман њамчун сардори шуъба аз њолу ањволи кормандон ва беморони бемористони дењотиамон низ зуд-зуд хабар гирифта, то љое даст медињад, ба корашон ёрї мерасонам. Ногуфта намонад, ки шароити кори табибон дар он љо низ хуб буда, онњо фаъолияти њамарўзаашонро бидуни ягон душворї пеш бурда истодаанд. Мо бо маќсади боз њам бењтар ба роњ мондани фаъолияти кории худ бештар табибони љавонро ќабул менамоем ва тарбия месозем. Њар сол аз Донишгоњи тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино ва коллељњои тиббии мамлакат ба маркази саломатии мо кадрњои бисёр меоянд ва мо онњоро бо муомилаи хуш ќабул менамоем ва барояшон шароити хуби кору зиндагї фароњам меорем. Ин, албатта, боиси боз њам пеш рафтани кори табибон ва бењдошти сифати кори њаррўзаамон мегардад. Мо-табибон аз Паёми имсолаи Роњбари давлат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рўњи тоза гирифта, мекўшем, ки ба хотири пешрафти корамон барои худ шароити боз њам бењтаре муњайё сохта, ба ин восита хизматрасониро ба ањолї ба дараљаи баланд бардорем. Бахтиёр Мирзоев, сардори шуъбаи беморињои пўсти шањри Бохтар, духтури дараљаи олї
ПАЁМ МОРО БА ЗИНДАГИИ ОСОИШТА РОЊНАМОЇ МЕНАМОЯД Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон чун солњои пешин дар њудуди кишвар ва берун аз он, дар байни мардум таваљљуњи хоса пайдо кард. Чунки дар он масъалањои муњими сиёсати дохилї ва хориљї, ки бунёди ояндаи некуањволї ва рушди усувори иќтисодиёти Љумњурии Тољикистонро таъмин месозад, ироа гардид. Њамчунин Паём дар даврае ироа гардид, ки кишвари азизи мо ба марњалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тољикистон ба сўи ояндаи ободу осуда бо ќадамњои устувор пеш меравад. Пешвои миллат баробари тањлили амиќи кулли соњањои хољагињои халќи мамлакат таъкид намуданд, ки њадафи аслии мо њифз кардан ва тањким бахшидани давлатдории миллї мебошад. Бояд ќайд намуд, ки мањз бо талошњои Роњбари давлат, миллати тољик ба њам омада ва ин дастовардњо боиси он гардид, ки љомеаи љањонї кишварамонро њамчун давлати демократию њуќуќбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Њамин сулњу салоњи беназири мо буд, ки Љумњурии Тољикистон ба узвияти созмонњои бонуфузи байналмилалї ва минтаќавї пазируфта шуда, љомеаи љањонї пешнињоду садоњои моро ба инобат гирифта пазирої менамояд. Масъалаи њифзи ин дастоварди бузург, яъне њимояи давлату давлатдории миллї ва тањкими аркону пояњои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солњои охир рўз аз рўз мураккаб гардидани вазъи
Дар толори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон мулоќот бо иштироки мудирону кормандони дастгоњи раёсат, кормандони муассисањои тайёрии варзишї дар маркази вилоятбуда, муассисаи варзишии шањри Бохтар ва волонтёрон бо маќсади омўзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам
геополитикии минтаќа ва љањон, шиддат гирифтани раќобат ба бархурди манфиатњои кишварњои абарќудрат ва тањти таъсири равандњои љањонишавї осебпазир гардидани истиќлолияти давлатњои миллї ањамияти то рафт љиддї, њаётї пайдо мекунад. Аз ин рў вазифаи љонї ва ќарзи виљдонии њар кадоми мост, ки њатто як лањза њам масъалаи њифзи давлату давлатдорї, таъмини амнияти кишвар ва нигоњ доштани суботу оромии љомеаро фаромуш насозем. Њамаљониба густариш бахшидани худшиносиву ватандорї ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву њуќуќии ањолї, бахусус наврасону љавонон њадафи асосии њар яки мо мањсуб меёбад. Зеро њар яки мо солњои охир шоњиди њодисањое мебошем, ки баъзе доирањои муайян тавассути расонањои иттилоотї ва бо истифодаи моњирона аз ноогоњиву бехабарии ќисмате аз љомеа, махсусан гуруњњои алоњидаи љавонон, авзои сиёсию иљтимоии як ќатор кишварњои љањонро ноором ва давлатњои ободро ба харобазор табдил медињанд. Бояд мардум дар ин раванд моњияти самтњои асосии дохилї ва хориљї, маќсади неруњои ѓаразноки берунї ва њадафњои наќшаву барномањои давлатии худро мустаќилона дарк карда тавонанд. Халќи тољик сулњу њамдигарфањмиро бар ивази азияту зањмати сахту сангин ва ќиматтар аз њама, ба бањои љони дањњо њазор ќурбониёни љанги тањмилии шањрвандї ба даст овард ва имрўз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсї ва оромии
љомеа кору зиндагонї доранд. Бинобар ин мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва љавонони имрўза дар рўњияи ватандўстиву сулњљўї ва ободкориву созандагї, инчунин ба мерос гузоштани ин дастоварди муќадаси нодир, фарњанги сулњро њамчун љузъи доимии фарњанги зиндагии мардум густариш бахшем. Аз ин рў, њар яки мо бояд ба раванду рўйдодњои муњими сиёсиву иљтимої бањои дуруст дода, барои пешгирии љавонон, аз гароиш ба њизбу њаракатњои мамнўъшуда ва узвият дар нињодњои низомии бо ном исломї минбаъд низ чорањои мушаххас ва муассирро амалї намоем. Дар Паёми Президенти кишвар ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ки фарогири натиљањои фаъолият ва самтњои асосии корбарии минбаъдаи соњањои мухталифи хољагии халќи кишвар аст, таъкид гардидааст, ки њадафи аслии мо расидан ба сатњи шоистаи зиндагї, шароити мусоиди иљтимої, барои њар фарди љомеа мебошад. Бинобар ин барои амалї гардидани њадафњои аслии стратегии давлат, мукаммал гардидани низоми ќонунгузорї, густариши минбаъдаи ѓояњои ватандўстї ва худшиносиву вањдати миллї бояд, њар як фарди баору номуси миллат сањми арзишманди хешро гузорад. Шамсиддин ФАЙЗУЛЛОЕВ, ноњияи Данѓара
омўзиши Паёми Пешвои миллат Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї баргузор карда шуд. Зимни чорабинї мудири Бахши кор бо љавонони дасгоњи раёсат Р. Насриддинзода вобаста ба самтњои мухталифи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон
ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон суханронї намуд. Наврасону љавонон доимо дар мадди назари Роњбарияти кишвар ќарор доранд ва ин матлаб зимни ироаи навбатии Паёми Пешвои миллат ба Маљлиси Олї собит гардид. Аз њозирин даъват ба амал оварда шуд,
ки њамарўза бањри иљрои дастуру супоришњои Пешвои миллат корњои амалиро ба сомон расонанд. Њамчунин, мудири Бахши варзиши дастгоњи раёсат А. Гулов суханронї намуда, љињати дар сатњу сифати баланд баргузор намудани чорабинињои варзишї, ис-
Вохўрии занон дар Кўлоб Шуъбаи кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб њамоише доир кард, ки дар он занони касбу кори гуногун ва фаъолону аъзоёни коммисияи љамъиятї иштирок намуданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Бибинур Хушвахтова аз фаъолияти яксолаи шуъба хисобот дода, кайд намуд, ки давоми сол як катор вохўриву суњбатњо, конференсияњои илмїназариявї ва корњои фањмондадињї дар масъалањои гуногуни байни занону љавондухтарон гузаронида шудааст. Дар соли сипари шуда, ки Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардида буд, дар љамоатњои дењот, маркази шањр ва дењањо марказњои њунарњои мардумї ташкил карда шуда, истењсоли мањсулоти дастї ва касбомўзии занону духтарони хонашин ба роњ монда шуд. Дар натиља, беш аз 350 нафар занону духтарони хонашин соњиби љои кори доимї ва шуѓл гардидаанд. Инчунин, як ќатор занону духтарон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдулло
Рўдакї аз курси омўзишии «Зан сарвар» гузашта, соњиби сертификат гардиданд ва ба захираи кадрњои њукумати вилояти Хатлон ворид карда шуданд. Мутаасифона, дар ин сол људошавии оилањо зиёд гардида, беш аз 180 нафар кўдакон ятим мондаанд. Бино бар оморњои расмї аз њисоби људошавии оилањо шањри Кўлоб дар вилояти Хатлон ба љои аввал баромадааст. Муъмина Иброњимзода, мудири бахши САЊШ-и шањри Кўлоб мегўяд: «Дар соли 2018 дар шањри Кўлоб теъдоди људошавии оилањо ба 206 адад расид, ки нисбат ба соли 2017 ин шумора 54 адад зиёд мебошад. Мувофиќи тањлилњои бахши САЊШ 156 сабт бо ќарори суд, 48 сабт дар асоси аризаи якљояи шањрвандон ва 24 сабти дигар бошад, дар асоси ваколатномаи нотариалї ба расмият дароварда шудааст. Баъди бурдани корњои тањлилї маълум шуд, ки аз 24 сабти дар асоси ваколатномаи нотариалї бекор кардашуда, оилањо зиндагиашонро идома дода истодаанд ва барои омода кардани њуљљатгузорї ва гирифтани шањрвандии дигар давлатњо аќди никоњи давлатиро бекор кардаанд. Аз њисоби људошавии оилањо дар соли
2018-ум 183 нафар кўдакон ятим мондаанд, ки 180 нафарашон дар тарбияи модар ва 3 нафар дар тарбияи падар мебошанд». Бањри пешгирї аз људошавии оилањо ва ташкили оилањои солим аз љониби иштирокчиёни њамоиш таклифу пешнињодњои муфид карда шуд. Кормандони соњаи тандурустї чанд њолатро дар арафаи тўйи домоду арўсї бо мурољиат љавононро барои гузаштан аз ташхиси тиббї ёдрас кардаанд ва дар ин кор аз бемасъулиятии волидайн низ норозигї намудаанд. Фариштамоњ Салихова, корманди соњаи тандурустї, чунин иброз дошт: «... љавонон баъди анљоми њамаи чорабинињои хонадоршавї баъдан барои аз муоинаи тиббї гузаштан меоянд. Дар соли 2018 њамин гуна њолатњо як чанд маротиба рўх доданд. Волидайн маслињати тўйро карда, омодагї дидаанд ва њатто рўзи тўйро муъайян намуда, мењмононро даъват кардаанд. Баъди њамаи ин, фарзандонро барои аз муоинаи тиббї гузаштан фиристоданд. Натиљаи санљиши хун муайаян кард, ки ин љуфт ба њам мувофиќ нестанд ва аз ин оила дар оянда тавлиди кўдакони
тифодаи самараноки иншооти варзишї ба масъулин таъкидњо намуд. Чунин чорабинињо минбаъд аз љониби Раёсат роњандозї карда мешаванд. Б. Бобоев, сармутахассиси Бахши варзиши дастгоњи раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон
солим ѓайриимкон аст”. Дар њамоиш масъалаи худкушию худсўзиро дар байни занону љавондухтарон доѓи рўз унвон карданд. Ин омил низ дар соли 2018 афзоиш ёфтааст. Новобаста ба корњои фахмондадињї то њанўз ба бар кардани либоси бегона ва фарњангї, бегонапарастї аз байн нарафтааст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба маќоми зан дар љомеа ва ба вазифањои роњбарикунанда пешбарї намудани занон ибрози назар карданд, ки дар ин вохўрї атрофи ин масъала иштирокчиён суханронї карда, миннатдории хешро ба Президенти мамлакат баён намуданд. Бо маќсади риояи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо», Ќонуни Љумњурии Тољикистон: “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирї аз људошавии оилањо ва дигар санадњои меъёрию њуќуќї пешнињод карда шуд, ки кори комиссияњои љамъиятї дар љамоатњо, назди корхонаю ташкилот ва комиссияи љамъиятии назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатї пурзўр карда шавад. Ширинљон Сафарзода
Ба саноатишавии кишварамон боварї дорем «…бо назардошти ањамияти соњаи саноат дар њалли масъалањои иќтисодиву иљтимої ва таъсиси љойњои корї пешнињод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар њадафи чоруми миллї эълон карда шавад». Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї Дар њаќиќат, ин суханони рўњбаландкунанда њар соњибкори ватаниро бањри бунёди рушди соња боѓайрат месозад ва бањри бунёди корхонањои хурду калони саноатї ва ташкили љойњои нави кор дучанд меафзояд. Дар ноњияи Ёвон њанўз аз даврони Шўравї корхонањои саноатї ангуштшумор бошанд њам, фаъолият доштанд. Вале мушкилоти аввали солњои даврони гузариш фаъолияти онњоро ќатъ намуд. Њазорон нафар коргар, ки аз њисоби сокинони мањал буданд, бе љойи кор монданд. Муњољирати иљбории сокинон бањри дарёфти ќути лоямут, ба кишварњои хориљ сол аз сол меафзуд. Бо њамин минвол солњо сипарї мешуданд. Сафи сокинони бе љойи кормонда меафзуд. Хушбахтона, таваљљуњу дастгирињои пайињамии Сарвари давлат дар роњи рушди соња ва ботадриљ гузаштан аз давлати аграрї-саноатї ба саноатї-аграрї имкон фарњам овард, ки роњи кушоду имтиёзњо ба соњибкорони мањаллї васеъ гарданд. Дар натиља,
дар ин самт, дар минтаќањои алоњидаи кишвар, ќадамњои устувор гузошта шуд ва ба њадафњои дурбинонаи Њукумат наздик омадан, соњибкорони моро низ водор сохт, ки љињати сањмгузорї дар масъалаи гузаштан аз мамлакати агарарї-саноатї ба саноатїаграрї сањмгузор бошанд. Пеш аз њама, саъй бар он кардем, ки вобаста ба имконоти мањал, мављуд будани ашёи хоми кўњсори атроф корхонањои хурду калони саноатї созем. Њамин тариќ, аввалин корхонањо дар заминаи иншоотњои пешина сохта шуданд. Инак, батадриљ соња рушд ёфт. Њамакнун дар ноњия њудуди 20 корхонањои саноатї, аз ќабили коркарди пахта, сементбарорї, бофандагї, ордистењсолкунї, љўроббофї, истењсоли халтањои полиэтилинї, риштарангкунї, креолит, ќубурњо, гаљкартон ва дањњо коргоњу иншооти хизматрасонии маданї-маишї фаъолият доранд, ки пайи амалигардии ин маќсади наљиби давлату Њукумат равона шудааст. Дар ин баробар, боз њастанд соњибкорони инфиродї, ки то дараљае дар рушди соњаи саоноатикунонии мањал бо кору пайкори худ сањмгузоранд. Батадриљ васеъ гардидани доираи фаъолияти корхонањои саноатї ба он мусоидат намудааст, ки ашёи хоми мањаллї дар ноњия коркард шавад ва истењсоли мањсулоти ватанї афзун гардад. Ин раванд имкон медињад, то воридоти технологияи
иноватсионї бештар гардида, ба раќобатпазирии мањсулот дар бозори хориљ мусоидат намояд. Сол аз сол зиёд гардидани содироти мањсулоти саноатии корхонањои ноњия ба хориљ ба ин гувоњї медињад. Дар ин самт корхонањои саноатии муќтадири «Ѓаюр индустриал», «Љунгстай Моњир семент», «Моњир пластик» «Хима текстил», «Вањдат», «Криолит», «Хуан Фантсюй Синю сохтмон», «Намаки Ёвон» наќши босазо доранд. Боиси ќайд аст, ки рушди соњаи саноат, аз як тараф, истењсоли мањсулоти худиро боло бардорад, аз љониби дигар, боиси коњиш ёфтани муњољирати мењнатї мегардад. Бо ин васила, њазорон нафар мардуми тањљойї бо баланд намудани ихтисос, ба худ љойи кори доимї меёбанд ва бо маоши хуб таъмин мегарданд. Бешубња, њамин аст наќшаву мароми давлату Њукумат ва сиёсату њадафњои дурбинонаву раъиятпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар маљмўъ ба таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст то њамаи мо аз ин њадафњои наљиб дастгирии амиќ ба амал орем. Ќ. Рањмонов, мудири бахши саноат ва сохтмони МИЊД ноњияи Ёвон
Ифтитоњи роњњои байнисарњадї ва гарм шудани муносибатњои неки дўстонаи тољикону ўзбекњо ќалбу рўњи сокинони њар ду мамлакатро бозу мамнун кард. Воќеан њам, олї шуд. Њазорњо сипосу ањсан ва шодбахтї ба Пешвои муаззами миллати тољик муњтарам Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Ўзбекистон муњтарам Шавкат Мирзиёев, ки ќаробати ќадимии тољикону ўзбекњоро барќарор карданд.
ПОЯНДА БОД ДЎСТИИ ТОЉИКУ ЎЗБЕК Сафари хотирмону пурсамар аз Самарќанди ќандманд Боздиди банда њам аз ин кишвари дўсту њамсоя самараи рафоќатњову вањдати љовидонї шуд. Зимнан, орзу мекунам, ки ин дўстиву таборї абадиву поянда бошад. Бори нахуст њадафи тамошои Самарќанду Бухоро ва Тошканду Фарѓонаро кардам. Хонуми гиромї Нафисахон Ниёзї, њамсояи неки мо ва яккаписарашон Нодир Ниёзї, ки эшон зодаи Самарќанданд, маро бо исрор ва даъвате аз љон ба зиёрати ин сарзамини бузургон роњнамої намуданд. Роњамон аз Панљакенти ќадим оѓоз шуд ва аллакай дар он тарафи гузаргоњ дўстону хешони ин хонадон моро истиќболу пазирої карданд. Дар хонадони хешони наздики адиби љангноманавис Фотењ Ниёзї мењмон шудем. Хуш ба њолашон. Хеле хушмуомилаву тољикона њарф мезаданд. Ањли оилаи Ниёзї ва дигар њамсоягонаш сипосу дурудњо ба Сарони њар ду кишвар мегуфтанд. Субњ ба тамошои Самарќанди таърихї пардохтем. Ин шањр аз ќадимтарин шањрњои дунё буда, дар асри 8 пеш аз мелод бунёд шудааст. Ањолии Самарќанд наздик ба 600 њазор нафар буда, ќисми бештари сокинонаш тољиконанд. Дар гузашта ин маконро Мароќанд мегуфтанд. Ин љо пойтахти давлати Суѓди ќадим пазируфта шудааст. Таърихаш беш аз 3 њазор сол арзёбї мегардад. Дар Самарќанд беш аз 60 адад зиёратгоњ мављуд аст. Њар сол беш аз 2 миллион нафар сайёњон аз ин шањр дидан мекунанд. Макони зиёрати ин љо бузургтаринашон Расадхонаи Улўѓбек, Майдони Регистон, Шоњи зинда, Масљиди Њазрати Хизр, Бибихонум, Гўри амир, Хоља Ањрор, зиёратгоњи Имом ал-Бухорї, маќбараи Амир Темур, осорхонаи Садриддин Айнї ва хеле зиёди дигар мебошанд. Мо нахуст аз майдони таърихии Регистон, ки ба фењристи ЮНЕСКО шомил аст, дидан намудем. Дар асари «Ёддоштњо»-и устод С. Айнї рољеъ ба мадрасаву китобхонањои Регистон хонда будам. Ќадимтарин мадрасаи Шердор ва Тиллокорї ин љо мављуд аст. Шукр, ки шабона њам Регистон дарњои боз доштааст. Ќариб дар рў ба рўи Регистон хона-осорхонаи С. Айнї воќеъ мебошад. Аксари асарњои Сардафтари адабиёти муосири тољик С. Айнї њамин љо эљод шудаанд. Устод 35 сол дар њамин хона зиндагї карда будаанд. Њудуди Регистон ва мадрасањои атрофи он шабона њам шабењи рўзњои офтобї равшану пурнур аст. Субњи дигар ба зиёрати Имом ал-Бухорї роњ пеш гирифтем. Номи аслии нависанда, муњандис, муфассир ва донишманди бузург Абўабдуллоњ Муњаммад ибни Исмоили Бухорї будааст. Солњои 810-870 зиндагї карда, 60 сол умр дидааст. Гузаштагонашро форс муаррифї карданд. Имрўз ин оромгоњи бузурги замон зиёратгоњи хосу ом гардида, аз тамоми дунё сайёњон ба ин љо ташриф меоранд. Ба њамин тартиб, яке аз таборони Фотењ Ниёзї Наврўзљон моро ба дигар мавзеъњои таърихии Самарќанд, аз љумла ёдгории Шоњи зинда, Гўри мир, Њазрати Хизр, маќбараи Амир Темур ва монанди ин зиёратгоњњо шинос намуданд. Баростї, дидану арљ гузоштан ба чунин макони пуртаърих дар замирам андешаи инсон буданро маъво гузошт. Шањри ќадимаву овозадор, мардумони мењмондўсту ќадршинос, оромиву хушњолии сокинон, ошхонањои сирф миллї, нонњои лазизи Самарќанд ва обњои мусаффои ин боѓшањр моро мафтуни хеш кард. Поянда бошад ин дўстиву самимияти тољику ўзбек. Бухорои шариф Дар сафар ба Ўзбекистон тамошои Бухоро, зиёрати бузургворону шањри ќадимаи тољикон њадафи асосї буд. Зеро ин макон аз ќадимтарин шањрњои дунё ва пойтахти аморати Бухоро дониста мешавад. Аз Самарќанд то Бухоро масофа 300 км буда, дар 3,5 соат њаракати мошин он љо хоњї расид. Роњњо хеле зебову њамвор буда, то озим шудан ба Бухоро вилояти Алишер Навої мавќеъ дорад. Мо 5 нафар Нафиса, Муњибахола, Наврўз ва Нодир азми дидори мадрасањову дигар ёдгорињои таърихии маркази фарњангии Осиёи Миёна кардем. Дар Бухоро љойњои диданї ва иморатњои таърихї хеле зиёд аст. Баробари ворид шудан ба шањр Мадрасаи Мири араб, Кукалтош, Лаби њавз ва арки Сомониву маќбараи Асосгузори нахустин давлати тољикон Исмоили Сомониро тибќи рўйхатамон пурсуљў кардем. Шањр њамон гунае ки будааст, кунун бе таѓйири шакл ончунон боќї мондааст. Дар чойхонаи Лаби њавз (дар «Ёддоштњо»- и С. Айнї тасвир дорад) хўроки нисфирўзї хўрдем. Кормандони ошхона ва дигар пешхизматњо бо ду забон- тољикиву ўзбекї њарф мезаданд. Мо њам дар ин чойхонае, ки шахсони таърихї субњона кардаву дар мадрасањояш тањсилу душворињои зиёдро пушти сар кардаанд, соате ѓарќи андешаву таваќќуф шудем. Мактабњои куњна њам њамин љо љойгиранд. Мо аз таърих медонем, ки Бухоро њамчун пойтахти ќадимаи давлати Сомониён, маркази илму фарњанг ва гавњари дониш дар њамон айём мањсуб меёфт. Борњо ин гўшаи таърихи зинда дучори мусибату кашмакашњои арабу муѓулу чингизу уйѓуру русњо гардидааст. Вале бо вуљуди ин Бухоро нест нашуд. Замони давлатдории Сомониён даврони рушди Бухоро арзёбї мешавад. Инќилоби Бухоро ба тарки ватан кардани бисёре аз сокинон боис гардид. Ќисмате ба Душанбе, водии Њисори шодмон ва Хатлону Хуљанди бостон муњољир шуданд. Шукр, ки зиёрати ин макони муќаддас насибамон гашт. Зеро он асрњо касе, ки имкони зиёрати Маккаву Мадинаро надошт, сеюмин мавзеи поку муќаддас - зиёрати бузургворони Бухоро буд. Њар нафаре Бухоро раваду дар маќбараи Амир Исмоили Сомонї шоњи тољикон фотења накунад, ба ќавле сафараш маъно надорад. Тавре дар аксњо таваљљуњ доред, оромгоњи Исмоили Сомонї хеле хоксоронаву ёдгору мерос аз њамон солњо дар 400 - 500 метр дуртар аз Арки Бухоро љойгир аст. Бо ќироати порае аз ояњои “Ќуръон” дар сари марќади Шоњи Тољикон зиёраташро ба љо овардем. Маќбара замони фавт
бунёд гардида, то њанўз онгуна боќї мондааст. Дар сайри шањри Бухоро тољикписари тањљойї бо мошини иљораи мусофирбариаш моро роњбаладї мекард. Ширин бо тољикї њарф мезад. Мардумони хубу мењмоннавозе дорад Бухоро. Сайёњон хеле бештар озими ин љо мешаванд. Њуљрањои ќадимаи Арки Сомонї њамчун мењмонхона ва марказњои савдо дар хизмати љањонгардон ќарор мегирад. Ростї сафари хубу умедбахше доштем. Табъи кас аз боздиди ин макони ќадимаву таърихї хеле орому осуда мегардад. Шањр сердарахту боѓзор нест, лекин њамон санъати меъмории бештар аз 10- асра таваљљуњи касро хоњ-нохоњ ба худ љалб мекунад. Бо умеди рўзњои хушу осудагии ватанамон боз гаштем ба Самарќанди бостон. Шаб хеле дер шуда буд. Муњибамулло: он љо њамин гуна ойтимулло, холамулло, акамулло, таѓомулло мурољиат мекунанд, ки рамзи эњтиром будааст, моро дар манзилашон љой доданд ва иззату нону намак намуданд. Њазорњо сипос ба Муњибаойтї, аз хешони наздики устод Фотењ Ниёзї. Анъанаву русум ва мероси ниёгон дар Самарќанд хуб риояву њифозат мешавад. Таассуроти нек аз тамошои Тошканд Бењуда шоир нагуфтааст: «Дарахти дўстї биншон, ки коми дил ба бор орад». Бо Садриддин Суяров, хабарнигори он ваќтњо Агентии миллии иттилоотии «Љањон»-и Љумњурии Ўзбекистон соли 2013 дар зиёрати Маккаву Мадина шинос шуда будем. Аз 5 нафар намояндагони давлатњои Осиёи Марказї бо бародари ўзбекам бештар рафоќат пайдо кардем. Њамон солњо орзуи ифтитоњи роњњову нек шудани равобитро мекардем. Хабари Ўзбекистон сафар кардану дар Самарќанд ќарор доштанамро ба хабарнигори бахши тољикии Телевизиони Ўзбекистон Шарофатхон Эрматова гуфтаму хоњиши дарёфти шумораи телефони дўстам Садриддинро кардам. Бону бо рафиќи мо замоне дар телевизиони Ўзбекистон њамкор њам будаанд. Ростї, насаби Садриддинро дар хотир доштаму, мутаассифона, фаромўш карда будам. Апаи Шарофат “мабодо” Суяров нест, гуфта суол кард. «Бале, худаш», - хушњолона посух додам. Тамоси телефонї бо дўстам моро масрур кард. Тибќи њамоњангї рўзи дигар азми сафари Тошканд, ки аз калонтарин шањрњои Осиёи Марказї мањсуб меёбад, кардам. Аз Самарќанд то Тошканд бештар аз 300 км масофа буда, роњњо чун ватани мо хеле њамвору оростаанд. Таксирон љавони тољики самарќандї буд. Савѓотии бењтарин барои сокинони шањри Тошканд нонњои лазизи Самарќанд будааст. Њатто ба гуфти ронанда онњо фармоиш мегирифтанд то ба мизољонашон нонњои бомаззаи ин љоро бубаранд. Мо 5 нафар њамсафар шудем. Ронанда гуфт: “Агар сафарамон бобарор шавад, дар 4 соат ба пойтахти Ўзбекистон мерасем”. Суњбати мо тољикї љараён дошт ва садои мусиќии радио низ ўзбекию тољикї ба гўш мерасид. Дар шоњроњи мазкур лонагузориву зиндагии лаклакњои сафеди даштї дар болои пояњои баланди оњану бетонї таваљљуњи моро бештар љалб кард. Зери гуфтугўи њазломезу дўстона ба Тошканд расиданамонро ќариб, ки нафањмида мондем. Тибќи маслињат дўстам Садриддин маро дар даромадгоњи шањри Тошканд интизор буд. Дар 5 соли баъд аз шиносої бо Садриддин ќариб њељ таѓйироте дар ў мушоњида накардам. Фаќат бемории ќанд боиси хароб шуданаш гардида буд, ки аз ин вазъ низ розї буд. То расидан ба маркази шањр бо мошини наваш аз дўстиву рафъ шудани раводиду шукргузорињои Сарварони њар ду давлат азми ќавии сафару дўстии самимиамон суњбат кардем. Дар шањр замоне расидем, ки аллакай нурњои хуршеди оламгир майли сурхиву ѓуруб дошт. Ин нишон аз гузашти як рўзи дигар дар сафари мо буд. Дидори дўст дар дилам базми шодї андўхт. Хўроки шомро дар зеботарин тарабхонаи шањри Тошканд хўрдем. Њузури хонадони акаи Садриддин оила ва писаронаш Шамсиддину Акбар маро хурсанд кард. Писарчаи хурдиаш соли 2013 замони дар Њаљ будани мову падараш таваллуд шуда буд ва ў нишоти ѓайриоддї дошт. Якбора номашро Њољї Акбар гузошт. Аллакай 5-сола шуд. Зимнан, хешони зављаи мењрубонашон аз Кўлоб будаанд. Таомњои миллии ин тарабхона хеле хуштамъу шабењ ба сихкабобњои мо буданд. Шабњангом дар њавои муаттару роњатфизо бо мошин ќариб тамоми шањрро давр задем. Субњи љадид саёњати мо дар Тошканд оѓоз ёфт. Ин шањр аз калонтарин ва серањолитарин шањрњо дар Осиёи Марказї мањсуб меёбад. Нуфузи сокинонаш ба 2 миллиону 300 њазор нафар мерасад. Пеш инљоро Чоч ё Шош мегуфтаанд, ки маънояш шањри сангин будааст. Шањр чун Душанбеи азизи ман орому осуда ва пуру фаровон аст. Бинову иншоот ва тарњи меъмории шўравї хуб он љо боќї мондааст, ки кас худро дар он замон тасаввур мекунад. Биноњои баландошёнаи хеле боло дар Тошканд кам аст. Баъд аз заминларзаи соли 1966 ин љо сохтмони биноњои баландтаринро манъ кардаанд. Бо вуљуди ин, Тошканд ва тамошои боѓњову бозорњову метрои он моро хушнуд гардонид. Бори нахуст савори метро шудем. Замони шўравиро ба хотир меорад. То моњњои наздик аккосии метро мамнуъ будааст. Акнун њама мењмонону сайёњон дар он расми хотиравї мегиранд. Дар калонтарин бозорњояш чун мо арзониву фаровонї таъмин аст. «Куйлик» бузургтарин маркази савдои он љост. «Корвон»-и мо барин. Хизматрасонии таксињо дар шањр хеле арзон аст. Тамоми воситаи наќлиёт ќариб, ки бо газ њаракат мекунанд. Дар мусоњиба аз ватани мо ва кушоиши роњњо хушњолї мекарданд. Дар бораи Душанбе ва шукуфоии он иттилои хуб доранд. Азми нафарони сафаркунанда ба мамлакати мо хеле зиёд аст. Шукри дўстї ва дидори хешу аќрабо мекунанд. Абдурозиќ Азизов, махсус барои «Хатлон»
(Идома аз шумораи №2 (3187), Бисёре аз эљодкорони замони муосир мактаби њаётеро паси сар карданд, ки дар замони шўравї ин имкони таърихї вуљуд надошт. Сухан дар бораи муборизањои хунин ва љонбозињои сангин барои сохтан ва њифз кардани давлати миллии тољикон меравад. Бе муболиѓа, се дањсолаи муборизањо ба њазорсола набарди миллати тољик барои истиќлолият баробар мебошад. Агар «њаёт ва назм як чиз аст» гуфтани шоир Жуковский њаќиќат бошад, ба назар чунин мерасад, ки дар адабиёти мо мебоист, аллакай, асарњои баробарарзиш бо «Шоњнома»њо ва «Маснавї»-њо пайдо мешуданд. Тавассути сюжет, ќањрамонњо, персонажњои асари бадеї њувияти миллии мардуми моро њифз мекарданд. Дар сатњи воло нигоњ медоштанд. Баъди гузаштани дањсолањо ин ќабил асарњоро, дар маљмўъ, адабиёти классикї меномиданд. Ва онњо ифтихори миллии наслњои оянда мешуданд. Ва «адибони классик њамсафари доимии инсоният» мегаштанд (Мережковский Д.С.). ГЕНЕЗИС ВА АДАБИЁТИ МУОСИР Дар олами рўшан кам адабиёте пайдо мешавад, ки мисли адабиёти муосири тољик «сарманзили фароѓат» ва «рањи карон» дошта бошад. Дар њоле ки сарнавишти миллат сарчашмаи адабиёт аст. Он таърихи зиёда аз панљ њазорсола дорад. Аз аввалин катибаи Абўњафси Суѓдї, ки то замони мо расидааст ва он ѓами чигунагии ањволи оњуи кўњиро дар биёбон ба риштаи тасвир мекашад: Оњуи кўњї дар дашт чї гуна давадо? Ў надорад ёр, бе ёр чї гуна бувадо? муддати зиёда аз њазор сол гузашта, вале то имрўз бо «муаммо»-и парвози хаёлаш њамчун «гавњаре аз сад њазор садаф» ва њусни худододи ороиши сухан хотири шефтагони адабиётро навозиш мекунад. Њамчунон, таъкиди устод Турсунзода, ки зарурати дар баландињо гузоштани фикри дурандешро то њанўз њатмї мешуморад. Ин нигоштањо – аз биёбон то «баландињои кўњи сарзамини мо» фазои васеъ ва мусоиду густардае барои фикр, тахайюли бадеї ва амал фароњам меоранд. Ваќт, фазо ва муњтавое, ки саргузашти миллиро дар тўли асрњо фаро гирифтааст, аз љониби таърихшиносон, шоирон ва адибон бо сабк, усул ва жанрњои гуногун тафсир шудааст. Масъалаи аз лињози генезис омўхтани пайдоиши асари бадеї, вобастагии сабабии таълиф ва натиљаи иљтимоиву аќидатии он аз муњимтарин масъалањои адабиётшиносї мебошад. Асарњои оламшумуле, ки дар таќдири миллат муассир будаанд, сарчашмаи њастї доранд. Њолати воќеии таърихї ва вазъи муосири як миллатро тањти омўзиши эстетикї ќарор дода, онро тавассути дидгоњи бадеї рўйи коѓаз овардаанд. Дар мисоли адабиёти тољик њам гуфтан мумкин аст, ки «асари бадеї на аз парвози одии хаёли муаллиф, балки аз таљрибаи зиндагї (њамчун њолати рўњиву идеологии гурўњи иљтимої) сарчашма гирифтааст. Барои њамин лозим аст, ки муњаќќиќон макони таваллуди иљтимоии факти адабиро дарёфт намоянд» (Переверзев В.Ф. Гоголь. Достоевский. Исследования. –М.: Советский писатель. 1982, –С. 45). Маълум аст, ки бо дарёфти далели ќобили таваљљуњи махсус, муаллиф онро дар озмоишгоњи бадеии худ мавриди тањлил ва баррасї ќарор медињад. Дар ин замина, дидгоњи маънавї ва самтгирии идеологии адиб аз муњимтарин омилњоест, ки «мундариља, сифат ва муњлати хизмат»-и асари бадеиро муайян месозад. Муњаќќиќони каломи бадеї љанбаи иљтимоии адабиётро мавриди омўзиш ќарор дода, љонибдори онанд, ки адибон баёнгари аќидаи љамъи муташаккил, њамфикр, њаммаром, њамаќида њастанд ва мањсули фикрашон манфиати љомеаро таљассум менамояд, ё ин ки бояд таљассум кунад. Нигоњ доштани созмоне тањти номи Иттифоќи нависандагон то њол, шояд пайгирии њамин маънї бошад. Ва чунин ташкилот њатман принсипњои асосии кории худро дорад, ё ин ки њадди аќал бояд дошта бошад. Дар њафт дањсолаи асри ХХ принсипњои асосии фаъолияти адабї – партиявият, синфият ва халќият эълом гашта буд. Иќрор бояд гашт, ин талабот хизмати шоёнеро барои он замон ва фазо ба субут расонд. Баъзе аз асарњои офаридаи њамон давр чун мояи ифтихори классикаи адабиёти љањонї эътироф гардидаанд. Ба мисли повести «Марги судхўр» ва «Ёддоштњо»-и Садриддин Айнї, манзумаи «Садои Осиё»-и Мирзо Турсунзода, романи «Фирдавсї»-и Сотим Улуѓзода. Дар байни шаш ќањрамони миллии мо ду абармард намояндаи амалкарди њамин принсипњои адабиёти бадеї мебошанд. Халќи тољик бо онњо ифтихори бузург дорад. Шоњкорињои адабиёти давр («дар шашяки рўйи замин»), сарфи назар аз баъзе нокомињо, ки як чизи табиї аст, марбут ба принсипнокї (1. асос, бунёд, шарт, 2. эътиќод, аќида, нуќтаи назар, ќоидаи ахлоќ, Луѓати русї – тољикї, –М.: Русский язык. 1985. –С. 854) ва маќсадгузорї дар љараёни фаъолияти адабї мебошад. Муаллифи ин сатрњо бар он аст, ваќте сухан дар бораи эљодиёти бадеї меравад, дар баробари генезис, бояд њатман принсипи эљодии муайян мадди назар гирифта шавад. Худи сарчашмаи (генезиси) эљодиёт мансуб ба принсип аст. Ва раванди эљодиёти бадеии замони мо њам, дар маљмўъ, аз худ нишонањои чунин тамоюл доштанро гоњо ба намоиш мегузорад. Тавре хотирнишон намудем, моњияти њаќиќии адабиёт ва фарњанги асил тараннум ва њимояи манфиатњои миллат аст. Адабиёти тољик – дар тўли асрњо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Њатто дар асарњои лирикии он оњанги иљтимоии озодандешї, хирадгарої, аќлсолорї, хурофотситезї, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурўяи хилватамал бо ќотеият садо медод. Хусусияти озодманишии ин адабиёт тавонист принсипи миллии тољикиятро дар нињоди мардум љой кунад, ба воя расонад, њифз намояд. Муносибати аслии мардумиро ба тарзи љањонбиние, ки нафаси андешаро дар ќафас њам гулўгир мекунад, муайян кард. Дар гањвора нигоњ доштани девонњои Њофиз, Бедил, «Маснавии маънавї»-и Љалолиддини Румї њамчун китобњои муќаддас – умеди нигањдорї ва тарбияи љигарбанди одамї бо тарзи тафаккури озодагї, маърифатпарварї ва адолатхоњї аз анъанањои воќеии иљтимоии ин адабиёт буд. Идеяи њаќиќатнигорї ва тафсири сабабии зуњуроти олам, ки дар он ба ќавли Носири Хусрав: Тан ба љон зинда аст, љон зинда ба илм, Дониш андар кони љонат гавњар аст, дар тўли њаёти адабии миллати тољик њамчун чароѓи њидоят зинда монд. Даст ба даст то ба устод Айнї расид. Ва ў бо ин парчами барафрошта, бо њазор бурњону далел мардонавор, рўшод барои њаќќи миллатро аз замон ситонидан вориди майдон гашт. Воќеан, боиси таассуф аст, ки бо вуљуди тањќиќоту омўзиш ва мактаби айнишиносї, хизмати адабии ў – яке аз бузургтарин шахсиятњои тамаддуни љањонї, то њадде, ки замони имрўз ниёз дорад, ба оммаи мардум, махсусан љавонон расонида нашудааст. Аќаллан, ба хотири он, ки дар солњои навадуми асри гузашта, назария ва амалияи босмачигарї, ки такя бар сиёсисозии эътиќодоти мардум дошта, бо тамоми њастї бо тољикият, мустаќилияти фарњанг, афкори миллї ва худшиносии мардум мухолиф аст, зуњур намеёфт. Ва дар рўзњои мо ин аќидаи шармовар ва нангинро иддае аз гурўњакњо – боќимондањои он замони ѓарќи фољеа, аз минбарњои аљнабиён озодона тарѓиб ва расонаї намекарданд. Эљодиёти устод Айнї, барњаќ, таљассумгари як навъ давраи гузариш аз њаёти њазорсолаи истибдодї, ѓуломї, «одинагї», љаллодии ѓарќи хуни хурофотї ва тафаккури нињоят ќафомондаи асримиёнагї ба замони худшиносии миллї мебошад. Ў Дохундаи кўњистонии ятим, мазлум, зору низор, бесавод, аммо дар ботин љавњари љавонмардидоштаро аз њазор азоб, машаќќат, хазонињо гузаронида, ба ватанпарасти ѓаюру далер, саводнок, мубориз, ќањрамон ва бунёдгари зиндагии орому осудаи сарзамини тољикон тарбия карда расонд. Ширкати бевоситаи Ёдгор дар нобуд сохтани дастаи босмачиён – «њомиёни дину имон» – аљнабии иѓвогар, пуштибони љонсупори сулолаи Манѓитиён – Анварпошшо ифодакунандаи мантиќи нињоят бузург ва баёнгари самтгирии маънавии ин нобиѓаи классикаи адабиёти љањон мебошад: «гирдогирди шањрро тахминан панљ њазор нафар босмачї, бо яроќњои нав мусаллањшуда, њалќавор фаро гирифта буданд ва болои онњо Анварпошшо бо унвон ва имзои «амири лашкари ислом, домоди халифаи муслимин ва ноиби амири Бухоро» фармондењї мекард» (С.Айнї. Дохунда. –Душанбе: Ирфон. 1984. –С.318). Донистани ин мантиќ ва маънии геополитикї то замоне ки дунё бунёд аст, пардаро аз рўйи душманони давлати миллии тољикон мебардорад. Ниќобро аз лиќои
3
ХАТЛОН
ПАНЉшанбе, 17 январи соли 2019, №3 (3188) сарварони ашхосе, ки аз љањл, нодонї, гумроњї ё дар натиљаи роњнамоии бошууронаи кироягирони аљнабї, ки босмачигарї – њаракати сиёсии љањолати асримиёнагї ва роњзаниву ѓоратгариро њамчун њаракати милливу озодихоњї ќаламдод карданї мешаванд, берун месозад. Ваќте баъзе соњибќаламон аз баррасиву инъикоси мавзўъњои нињоят муњимми рўзмарраи зиндагии пур аз мубориза ва ќањрамониву диловарињои имрўза бо сад бањона худдорї мекунанд, ё худро нодида мегиранд ва мехоњанд як навъ мушоњидачии соњибмансаби протоколии «дур аз муњокима» (таъбири С. Айнї) бошанд, адабиёт, замон ва хонанда мантиќи муносибати маънавиро бо воќеият батадриљ аз даст медињад. Дар њалли масъалањои муњимми мубориза барои манфиатњои миллї љойи онњо дар минбар ва манзалати сухандону сухангў холї мемонад. Ва дигарњо бо ќаноатмандии том ин мавќеъро ишѓол мекунанд. Генезиси тамоми асарњои устод Айнї њолат, воќеият ва ниёзњои иљтимоии мардум, ба замми он сифатњои олии шахсї – мардонагї, љасорат ва матонати ќањрамони миллии тољикон буд. Эшон мањз аз масъулият, завќи сохтан ва пойдор гардонидани зиндагии навин, бунёди давлате, ки баъд аз њазор сол дар ќаламрави зист, бо номи миллати ў имконпазир гардид, њамзамон аз як жанр ба жанри дигари адабї рў оварда, воќеиятро тавре ки худи ў тасаввур мекард, ба омма фањмониданї мешуд. Ба назар муњим мерасад, ки адабиётшиносии даврони истиќлол бояд тадќиќот ва баррасии муќоисавии офаридањои каломи бадеии муосирро њадди аќал ба идеянокии даврањои нињоят муњимми њаёти миллати тољик, махсусан, аз асри Х то солњои сиюми асри гузашта ва албатта минбаъд њам, давра ба давра амалї созад. Њарф сари талаботи иљтимоии ин лањзањо, вобаста ба зарурати равшан намудани зењни мардум, тараннуми замони созандагї, мубориза ба муќобили хурофоту љањолат, нодонї, ифротгарої, таќдирпарастї ва таќлидкорї меравад. Оё адабиёти имрўза љавобгўи нисбии ниёзњои аслї, ки асоси онро мубориза барои хештаншиносї, ба муќобили љањолат, бегонапарастї, ифротгарої таш-
–М.: Искусство. 1968. –С. 21). Мањз ба хотири маќсаднокии эљодї ва таъмин намудани ниёзњои иљтимої дифферентсиатсияи самтњои адабиёт – барои бачагон, наврасон, љавонон, яъне ќишрњои гуногуни љамъият муайян шудааст. Пойдории асари бадеї, умри он аз бисёр омилњо, аз љумла, донишњои илмї, љањонбинї, тавоноии касбии адиб барои тасхир намудан, «рабудани дилу дин»-и хонанда (бинанда, шунаванда) вобаста аст. Ба фољеаи зењнї мувољењ кардани ќисмате аз љавонон тавассути ашхоси муайян ва васоити ахбори электронї, адабиётро ногузир ба омўзиши масъулонаи муњимтарин ќонуният ва категорияњои диалектикї водор месозад. Ва борњо, гаштаву баргашта мурољиат кардан ба мафњумњои «зуњурот ва моњият», «сабаб ва оќибат», «табдили мушаххасоти миќдорї ба сифатї», «инкори беасл ва бозгашт ба гузаштаи нофарљом», огањии илмї аз таѓйири сабк, усул ва воситањои таъсиррасонии навин ба тафаккур ва аз он ба воќеиятро таќозо мекунад. Вобаста ба мантиќи ифода, «бояд се масъала баррасї гардад: сараввал дарёфт намудани сарчашмаи муътаќидгардонї, дуюм интихоби сабк ва сеюм чї гуна љо ба љо кардани њиссањои нутќ» (Аристотель. Риторика. Поэтика. –М.: Лабиринт. 2000. –С.113). Яъне сухан дар бораи роњњои бовар кунонидан, муътаќид сохтан меравад. Ба назар чунин мерасад, ки замони муосир ва воќеияти имрўз, ќабл аз њама, зарурати њарчи тезтар, самараноктар ба даст гирифтани шаклгирии тарзи тафаккури наврасон ва љавононро дорад. Дар зењни онон ворид кардани мафњумњои «Ватан», «миллат», «илм», «маърифат», «њуќуќбунёдии муносиботи љамъиятї», алифбои донишњои дунявї, равшангарої, шинохти воќеияти олам аст. «Натиљаи аз нигоњи манфиатњои иљтимої-сиёсї шакл додани љањонбинии шањрванд он аст, ки ў аз мавќеи тиљорати сиёсї, аз дудилагї худдорї мекунад. Ва бидуни калавандагии сиёсї оид ба муњимтарин масъалањо худаш тасмими дуруст мегирад» (Е.Б. Шестопал. Политическая психология. –М.: 2002. –С.139).
саллути кадом аќида ба худи хонанда, авлод, миллат ва ватани ў хатари њаётиро ба дунбол дорад, огоњ мебошад. Нависандаи нуктадон аз алоќамандии зуњуроти манфї, ки ба фикр, аќида, љањонбинии муќобил тааллуќ дорад, ба ташаккули рўњияи хештаншиносї ва мењанпарастии ў таъсири манфї мерасонад, хабар дорад. Хонандаро аз фатализми аќидатї ва таќдирписандї зина ба зина халос мекунад, берун мебарад. Детерминизм њамчун категорияи диалектикї њамин маъниро таќозо дорад. Асари бадеї танњо падидае нест, ки хонанда онро бо њиссиёт мутолиа кунад. Ќудрати ќалами нависанда бояд ба фањм, дарки эстетикии хонандае, ки љањонбинии ўро маќсади таъсиррасонї интихоб кардааст, мувофиќ афтад. Андеша карданро омўзонад. Маљбур созад, ки аз аќидањои бегона, шахшуда, схоластикї, ки оќибат шахс ва љомеаро ба бадбахтї рў ба рў месозанд, канораљўї намояд. Аќли инсонро дар љойи аввал гузорад. Дар ў њисси њоким будан ба љањонбинии аз таљрибаи рўзгор андухташуда тасаллут пайдо кунад. «Мањаки арзишмандии бадеияти асар … дараљаи самаранокии он аз рўйи андозаи таъсири мањсули эљодї ба идроки хонанда бањогузорї карда мешавад» (Л.И. Шевцова. Теория литературы. –ВГУ.: 2011. –С.96). Таъсири асарњое, ки ба диди хонанда роњ меёбанд, дили ўро тасхир мекунанд, тавассути ќањрамонони асар сурат мегирад. Њарчанд ки тасвири ин љараён аз нигоњи илм барои муќоиса ва тафсир душвор менамояд, аммо аз нигоњи мантиќи диалектикї он нависандае бар «муњтавои маќсади худ комрон мегардад» (Њофиз), ки тавони шакли њаракати фикрро бо абзори бадеї ба воќеияти зиндагї, яъне воќеияти объективї наздик карданро дошта бошад. Падидањое, ки тавассути имконоти адиб ба риштаи тасвир кашида мешаванд, на дар њоли шахшуда, балки аз њаёти воќеї гирифташуда бошанд. Имконоти рушду такомулро дошта бошанд. Маънии њаётро дар худ ифода кунанд. Созанда бошанд. АДАБИЁТ ВА ПРИНСИПИ ТАЪРИХИЯТ Адабиёт бо ќудрате, ки ба он мансуб медињанд,
АДАБИЁТ ВА ДИАЛЕКТИКАИ ЊАЁТ (масъалањои назариявї) кил мекунад, њаст? Оё адабиёти муосир батамом сифоти нишонрасиро вобаста ба вазъи воќеии афкор ва маънавиёт дар љањони кўдакону наврасон ва љавонону миёнсолон дорад? Оё омилњое, ки њамакнун љомеаро сахт ба ташвиш овардаанд, аз ќабили ифротгарої, терроризм, њисси бегонапарастї, фосила гирифтан аз одамият, инсонгарої, ватандорї, њифзи манфиатњои миллї аз нигоњи фарњангї, адабї тафсир шудаанд? Нависандагон, шоирон, драмманависон, филмсозон дар ин љода чї хизмат кардаанд? Зањмати онон чї самарае ба бор овардааст? Агар вазифаи асосии адабиёт таќвият, пойдорї, бардавомї бахшидан ва раванди бебозгашти эњтиром гузоштан ба љањонбинї, маънавиёт, арзишњои миллї бошад, пас имрўз адабиёт дар муќоиса ба воќеият дар кадом сатњ ќарор дорад? Таносуби љањонбинии миллї нисбат ба дигар зуњуроти маънавиёти љомеа, фаќат дар вобастагї ба каломи бадеї, дар кадом сатњ аст? Сюжет, раќобат ва конфликти бадеї дар тасвири љањонбинињо ва майдони мубориза барои мафкурасозии љомеа чї воќеият дорад? Тазоди афкори љомеа бо раванди эљодиёти бадеї ва воќеияти љамъиятї дар кадом сатњ аст? Умуман, мафњуми герменевтикаи иљтимоии адабиёт ва адабиётшиносии муосири тољик дар чї гуна шароити миќдорї ва сифатї, сабабї ва натиљаи эљодї ќарор дорад? Тавре хотиррасон гардид, эљодиёти бадеї вобаста ба замон ва вазъи љамъиятиву сиёсї генезиси марбут ба онњоро дорад. Ба вуљуд омадани «Шоњнома»-и Фирдавсї супоришї набуд. Он натиљаи дониш, тањќиќ, омўзиш, хулосабарорї ва тасмими «бузургустоди сењрофарин ва рўинтан» (Њусейни Шањривар) буд. Рустам ќањрамони ормонии наљотбахши миллї буд. Ќањрамони афсонавї буд. Воќеан, дар њаёт, дар зиндагї – њамчун таќозои муњити иљтимоиву сиёсї Рустам худи Фирдавсї буд. Ва ў – донишманди бузурги таърихи халќи тамаддунофар, бонангу номусаш, ки бо хатои људоиафкании чанде аз фарзандони хоин, дурўя, аљнабипарасташ сарзаминашро аз даст дода буд, хост таърих, манзалат ва то њанўз мубориз будани ин миллатро тараннум намояд. Аљамро бедор ва зинда созад. Рўњи озодипарастии онро љовидон гардонад. Машъали маънавии нурафшон барафрўзад. Рўње офарад бегазанд, абадї, поянда, бардавом. Њамзамон, рўњияи иѓвогарї, маккорї, дурўягї ва бозигарии душманони миллатро, ки аз содадилии ин мардум истифода карда, бо дасти падар фарзандони тањамтан, њимоятгари Ватан ва оќибат миллати хешро мекушад, ошкор намояд. Эљоди «Шоњнома», аз љумла, нишони масъулияти як нафар аз миллионњо дар назди миллати хеш аст. Адибони бузург барои он гузаштаро тасвир мекунанд, ки вазъи имрўзро (замони худро) ба мардум фањмонанд. Ояндаро пешгўї кунанд. Њушдор ба наслњо дињанд, то аз сањву хатоњое, ки ба фољиаи умумимиллї хоњанд расонид, њушёр бошанд. Аз онњо худро эмин гардонанд. Воќеањои солњои навадуми асри гузашта ва фитнаву найрангњои ањримании гурўњакњои махсус, имрўз ва дар оянда њам зарурати ба инобат гирифтани воќеот ва идеяњои «Шоњнома»-и безаволро дорад. Фазо ва ваќт аз муњимтарин омилњои генезиси адабї њастанд. Адабиёти солњои «замони њафтодсола», бидуни шубња, дар њамин замина ва танњо дар њамин замина ба мардуми мо хизмати босазо карда буд. Дар илми адабиётшиносї мафњуми «адабиёти ваќт» вуљуд дорад. Он тањаввулоти бузурги иљтимоии як миллатро дар давраи муайяни таърихї тасвир мекунад. Эътиќоди муаллифи ин сатрњо бар он аст, агар адабиёт лањзањои муњимми баробар ба воќеиятро тасаввур карда тавонад, манфиатњои миллиро мадди назар дошта бошад, бидуни шак, дар чањорчўби љараёни бузурги анъанањои адабии миллат ќарор мегирад. Агар воќеияти њаёти имрўзаи миллатро њамчун генезиси адабї ба назар бигирем, возењан мебинем, ки барои офаридани бузургтарин образи бадеї ва корномаи ќањрамонї барои жанрњои адабии мавриди назар асос ва мояи бесобиќаи таърихї дорем. Љоннисорї ва љавонмардии Ќањрамони халќи тољик, зањмати шабонарўзї ва барои миллат њар замон љабњаи созандагї офаридан ва дар онњо пирўз гаштан, сарчашмаи абадии адабиёти бадеї хоњад буд. Ба назар муњим мерасад, ки чунин воќеият бо тазоду мушкилот, тањдидњои воќеї, хатарњои љонкоњ, буриданњо, шикастанњо, басту бандњо, муќобили масири шадиди равандњо њаракат карданњо, пирўз гаштанњо, яъне ифодаи ягонаи воќеияти замон тасвир гардад. Он бояд образ ва баёнгари воќеияти зиндагие бошад, ки њазорсолањо барои миллат њамчун намунаи ќањрамонї, шуљоат, далерї, ватандўстї, ватанпарварї, миллатофаринї, давлатсозї ва мардумсолорї хизмат кунад. Саъйи нависанда дар кўшиши њаќќонии ба намоиш гузоштани тавоноии бадеие бошад, ки на танњо ба љањонбинї ва тарзи амали њамасрон, балки ояндагон низ таъсир расонида тавонад. Чунин наќш, чунин намуна њаст. Адиб њамасри Ўст. Ва Ў барњаќ тавонист мењвари мардуми зањматкаш ва љафодида бошад. Дар таърихи чандњазорсола ин ќавитарин рўњ дар нињоди миллат њаст. Ва хоњад монд. Ва адабиёт масъул аст, ки ин корнамоињоро бо абзори бадеии замон то ба наслњои дур расонад. Њамин тариќ, генезиси фаъолияти адабї зуњурот, падида, воќеияте аст, ки барои нависанда њамчун ангеза нисбат ба эљодиёти, пеш аз њама, ањаммияти иљтимоидошта хизмат мекунад. Он ба таљриба, дониш, самтгирии маънавї, маданияти сиёсї, тавони дарки воќеият ва инчунин имконоти зењнии фањм ва экстраполятсияи воќеањо, њамчунин, аз масъулияти ў дар назди љомеа вобастагї дорад. Асари нависанда симо ва сирати нависанда, моњияти конститутсионалии шахсияти ў аст. НАВИСАНДА ВА ХОНАНДА Љойи шубња нест, ваќте ки ангеза, далел барои эљоди асари бадеї пайдо мешавад, нависанда дар умќи зењнаш тавассути ин идея «вориди гуфтугў, маслињат» бо хонандааш мегардад. Љањонбинии мухотаб, материяи олии табиат – майнаи инсон њадафи таъсири маќсадноки ў интихоб мешавад. Иќрор бояд шуд: «њар як асари бадеї мансуб ба замони худ, халќи худ ва муњити худ аст, аз љањонбинии таърихї ва дигар тасаввуроти ў вобастагї дорад…» (Г.В.Ф. Гегель. Эстетика. В четырех томах.
Наслњо батадриљ иваз мешаванд. Наслњои солњои 50-ум, 60-ум ва ќисмати 70-уми асри гузашта бо њазор азобу машаќќат, љонбозињо давлати миллиро асос гузоштанд. Сохтанд. Њифз карданд. Ба љањониён намунаи бењтарини онро муаррифї карданд. Аммо барои нигоњ доштан ва боз њам мустањкам гардонидани он маљмўи тасаввуроти мутаносиб ба воќеияти љамъиятї ва тафаккур њаётан зарур аст. Пойдории сохти давлатдорї – аз устувории сохти љањонбинии аъзои љомеа дар вобастагї ба инъикоси воќеият ва манфиатњои миллї ќарор дорад. Бо назардошти раванди ташаккулёбии афкор ва маданияти сиёсї, самти њаракат ва таќдири ояндаи љомеаро пешбинї кардан мумкин аст. Адибони асил њамчун табаќаи интеллектуалии махсуси љомеа, ки касби онњоро намешавад бо хондан аз худ кард (таъбири Л.Н. Толстой – «Научиться писать стихи нельзя»), њолати рўњии љомеаро мисли тамоми њамкасбони таърихии худ хубтар дарк мекунанд, масъулияти хешро дар назди љомеа бештар эњсос менамоянд. Офарандагони рўњи миллианд. Вазъи маънавии љомеаро хубтар мефањманд. Самтњои заъф ва осебпазири онро дарк менамоянд. Хулоса, бояд чу меъмор «пайи таъмири вайронањо» гарданд (Бедил). Љањонбинии љомеаи имрўза, ѓайр аз љузъиёти мусбате, ки дорад, наметавонад ба пуррагї аз љањонбинї ва тарзи тафаккури фалсафї-таърихии замони њадди аќал сад сол пеш фосилаи зиёд дошта бошад. Њодисањои солњои навадуми асри гузашта, тамоюлњои бегонапарастии солњои охир афзоишёбанда ва воќеоти ќисман дар ин замина њам дар дохил ва њам дар хориљи мамлакат рухдодаистода, имкон надорад, ки адибро нороњат накунанд. Аќаллан, ба ин хотир, ки адабиёт нусхаи образноку бадеии зиндагї аст. Рўзгор, субъект, объект ва мањсули ин муносибат – раванди њаёт, самтгирї ва натиљаи чунин алоќамандию таъсиррасонї мебошад. Њаводисе, ки дар асари бадеї мавриди бањс ќарор доранд, таќрибан њамин тавр таќсимбандї мешаванд. Љараёни адабї њам дар байни се иштироккунанда сурат мегирад: муаллиф, кањрамон – персонажњои асари бадеї ва хонанда. Ду ќисмати аввал нињоят фаъоланд. Аммо зарур аст, хонандае, ки асосан, нависандаро намешиносад, дар аввал бетараф аст, њарчи зудтар вориди муњтавои масъала гардад. Батадриљ њамфикри нависанда шавад. Њангоми мутолиаи асари бадеї ќањрамони марказии асар ќудрати аз китоб «берун омадан»-ро дошта бошад. Аз «ваќт»-и хонанда пештар равад (В. Катаев). Бо ў њамроњ шавад. Ба хонанда маслињат дињад. Дар чорсўи зиндагї дасти ўро бигирад. Ўро роњнамої кунад. Њамфикру њамсафу њамрању ёвари худ гардонад. Бо роњу воситањои тасвири бадеї хонанда фањмад, зиндагї ва њаёти имрўза чунон орому осуда ва беѓубор нест, ки ба назар менамояд. Роњњо сохта, наќбњо кушода, НОБ-њо бунёд мегарданд. Дар боѓу гулгаштњои навсохти бињиштосо садои суруду мусиќї хотирњоро навозиш мекунад. Кўдакону модарон, хоњарону бародарон, њамшањриёну мењмонон бо хотири љамъ ва шодиву сурур сайру гашт менамоянд. Вазиши боди форами шаршарањои нуќрафом ва чањ - чањи парандагон њамрањ, њамдам ва њамсози осудагиву фарањи њамватани мост. Диалектикаи зиндагї танњо ин нест. Ин зуњуроти нињоят одї ва моњияти рўйдодњои гоњ аёну гоњ ноаён – натиљаи зањматњои шабонарўзї, пурмашаќќат, љонбозињои, пеш аз њама, Ќањрамони миллии мост, ќудрати рањнамої, навиди зањмат, бедорхобї ва ѓамхории доимї, паёми санъати олии касбият ва сабки рањбарии асосгузори давлати миллии мост. Дар байни чунин зуњуроти некуањволии њамватанон то сабабњои аслии рўзгори осуда, яъне моњияти масъала, фосилаи дуру дароз, мураккаб ва мушкил вуљуд дорад. Вазифаи адабиёт он аст, ки тавонад њамин алоќамандии системавии вобастагї ва фосиларо, арзишмандии ин ањволро, сабабу оќибатњоро тавассути образњо ва дигар имконоти бадеї – сода, одї, равшан ба одамон расонад. То оммаи мардум, махсусан, љавонон ба ќадри он расида тавонанд. Онро пос доранд. Њимоят намоянд. Ќудрати маънавї ва љисмонии њифз кардани манфиати Ватанро на танњо дар шакли суруд, шиорпардозињои расмї, дар сањна, минбар, зоњиран, балки ба тарзи воќеї дар нињоди худ дошта бошанд. Чун замон мураккаб ва бозори хариди аќлњо дар ављи аълост, моил кунонидани аќли хонанда барои њифзи манфиати миллати худ ва дар хизмати бегонагон набудан кори чандон осон нест. Гегел дар асари машњураш «Эстетика», ки ба назарияи каломи бадеї мансуб аст, бо иќтибос аз Платон ба шеъре, ки ба Астер ном наздикаш бахшидааст, ишора мекунад: Ба ситора менигарї, ситораи ман, мехостам осмон бошам, Нигарам бар ту бо њазорон чашм, ошиќона! Ва тафсир менамояд: «санъат њар эљоди худро њазорчашм месозад … барои он ки мо тавонем дар њар нуќтаи ин эљод рўњи дохилї ва маънавиётро дарк кунем. Санъат чашмро на танњо хосияти љисмонї медињад … љањони беинтињои ботинї дар он чашм мавриди дарки беохир ќарор мегирад» (Г.В.Ф Гегель. Эстетика. В четырех томах. –М.: Искусство. 1968. –С.163). Бо эљоди рўякї, репортажмонанд, дампої, муддатњо дар манзалати эљодии «санљиши ќалам» амал кардан масъалањои мушкили љомеаро наметавон вориди љањонбинињо кард. «Асари бадеї бояд … шакли мурољиат ба хонандаро дошта бошад. Агар он бо услуби љиддї ба масъалањои дохилии худи асар нигаронида шуда бошад, майли таъсир ба хонандаро надошта бошад, шахсе, ки ба асар мурољиат мекунад, дилхунук мешавад …. Њар кас бояд донад, нависанда чї мехоњад, чї тавр зиракона, устодона нияту маќсади худро баён карда тавонистааст» (Г.В.Ф. Гегель. Система отдельных искусств. –М.: 1971. –С.13). Адиб (адиби воќеї, албатта) чун фарзанди огоњи замони худ дарди љомеа ва сарчашмањои онро хуб, бо тамоми назокат тасаввур менамояд. Дарк мекунад. Аз вазъи рўњиву равонии хонандае, ки љањонбинии ўро нишон гирифтааст, огоњ аст. Самтгирии идеявї, ки асоси маънавиёти миллиро ташкил мекунад, имрўз ва ояндаи љомеа аз ў вобаста аст, барояш муњим аст. Аз ин ки та-
дар баробари дигар сифатњои олї, имконоти бузурги бунёдкорї дорад. Гарчанде маълум аст, ки ин сифатро ба илмњои даќиќ нисбат медињанд. Мазмун, маънї ва мантиќи созандае, ки дар асари бадеї мањфуз аст, фард, гурўњ, табаќањои иљтимої, љомеаро барои ташаккул ва нишон додани характер – рафтори моњияти фарќкунанда, фавќулодадошта сафарбар мекунад. Адабиёт, ки аслан аз мифология сарчашма гирифтааст, дар шаклгирии љањонбинї, маънавиёт, маданият, урфу одат ва воќеияти иљтимої, вазъи рўњї, тарзи тафаккур, мундариљаи њиссиёти халќу миллатњо таъсир гузоштааст. Мардум тавассути образњои бадеї хислатњои ботинї, рафтору амали иљтимої ва њаёти рўзмарраашро муаррифї кардааст. Сухани бадеї бо таърих, воќеањои таърихї ва вазъи сиёсии давр дар вобастагии пурраи диалектикї ќарор дорад. Њамзамон бо ин, далелњои муътамад шоњиди онанд, ки мантиќи бадеї низ тавонистааст ба равандњои сиёсї, шаклгирии мундариља, љањонбинї, шуур, рафторњо, тасмимгирињои сиёсї ва иљтимої таъсири бевосита гузорад. Омўхтани таърихи халќ бе донистани таърихи адабиёт, ёдгорињо ва равандњои адабї ѓайриимкон, њадди аќал номукаммал аст. Адабиёт худ таърих, тафсири њаёти фикрї ва љамъиятии миллат аст. Дар он воќеияти таърихї, шакл ва тарзи тафаккури миллат бо ифодаи образњо ва тасвирњои бадеї сурат мегирад. Мањз ба њамин хотир, таърихшиносон ва тадќиќотчиёни методи таърихї, њамчун методи диалектикї омўхтани љараёнњои адабї, субъект ва объекти тасвири бадеиро шарти муњимми тањќиќоти илмї мењисобанд. Онро њамчун падидаи самарабахши шинохти ќонунмандињои зуњур, рушд ва такмили тафаккур дар даврањои муайяни таърихї, љиддан мадди назар мегиранд. Чунин талабот дар назди адиб ва умуман адабиёт масъулияти бузурги таърихиро мегузорад. Воќеияти таърихї дар аксари ваќтњо, дар шароите сурат мегирад, ки ба хоњиши ќисмате аз љомеа – ќувваи пешбарандаи љамъият вобастагї надорад. Моњиятан ин шароит давом ва натиљаи таљрибаи таърихист. Эљодиёти бадеї мањз бо истифода аз он имконот, шароит ва захирањо амал мекунад. Њодисањое, ки дар олам ва минтаќа рух додаанд ва рух медињанд, гарчанде мањсули амали маќсадноки инсонанд, дар муносибат бо нависанда хусусияти объективї доранд. Берун аз майл ва хоњиши ў ба вуќўъ пайвастаанд. Дар тўли таърих чунин равандњо бо шиор ва бањонањои гуногун рўпўш карда мешаванд. Аммо онњо решаи заминии мушаххас доранд. Зодаи манфиати инсонанд. Ин љо муаммои дигар нест. Сарфи назар кардани ќонуниятњои шаклгирии ѓаразњои геополитикї, дар таносуб бо манфиатњои миллї сабаби номуайян, норавшан ва бетаъсир мондани имконоти эљодї мегардад. Нармтар гўем, боиси савоб аст, агар ба адабиёти асримиёнагї то дањаи дуюми асри ХХ, то замони шикасти вопасин амири сулолаи Манѓитиён њамчун сабаќи зиндаву таърихї, гаштаву баргашта мурољиат кунем. Равшан хоњем дид, ки адабиёти тољик оинаи таърихи миллати муборизи тољик аст. Ваќте дар натиљаи муборизањои ќањрамононаи халќи тољик дар Хуросон ва Мовароуннањр дар нимаи дуюми асри IХ салтанати аљнабиён шикаст хўрд, дар асри Х љараёни давлатсозии миллати тољик, ки тавассути ѓасби ин сарзамин ќатъ гашта буд, љамъбасти раванди дуру дарози он ба вуќўъ пайваст. Адабиёти тољик бо тамоми неру барои пойдорї ва бардавомии ин давлат кўшишњои бесобиќа кард. Ба майдони адабї Рўдакї, Фирдавсї, Шањиди Балхї, Даќиќї, Абўшакури Балхї, Хусравонї, Абулмуайяди Балхї, Кисоии Марвазї, Робиаи Балхї ва дањњо нафари дигар ворид гаштанд. Хизмати бузурги ин шахсиятњо аз он иборат буд, ки њарчи зудтар забони ноби тољикиро бо тамоми имконоте, ки дар тўли асрњо захира карда буд, барќарор созанд. Ба он ќувват бахшанд. Онро аз истилоњоти бегона пок намоянд. Ќудрати суханеро, ки миллатро ба истиќлолият ва давлатдории мустаќил расонид, ба намоиш гузоранд. Забони шевои тољикиро дар тамоми гўшаву канор, дар миёни худиву бегона танинандоз кунанд. Дар адабиёти тољик, дар кулли даврањои таърихї назм бар наср бартарї дошт. Ин навъи бадеї арсаи њаќиќии нишон додани тавонмандии дарк, эњсоси пањлуњои гуногуни зиндагї ва ќудрати тасвири он буд. Бидуни дарки воќеияти объективї, тафсири зуњуроти аёнї ва ботинии олами њастї тавассути лафзи бадеии гуњарбор, мантиќи ќавї ва маънии баланд, ки дилу дида ва хотирњоро шефта мегардонд, њифз кардан ва рушди ин забон дар зењни њамватанон ва гузашта аз ин бегонагон, имкон надошт. Асарњои бузурге, ки њам дар жанри достонї ва њам дар жанри лирикї суруда шуданд, потенсиали ќавї доштанд. Неруи маънавии онњо њамчун нури сафобахше дар зулмоти њазорсола дили соњибзабононро равшан мекард. Ба оянда умед мебахшид. Забони тољикї мояи ифтихори миллати тољик ва воситаи њамдилии мардуми минтаќа гашт. Оќибат аз муњимтарин омили ба истиќлолият расонидани соњибзабонон шуд. Дар алоќамандї бо предмети бањс нуќтаи аз нигоњи муаллиф њаётан муњим он буд, ки бо вуљуди адами мустаќилияти сиёсї, давлатдорї, аз даст ба даст гузаштани њокимияти давлатї, љањолат, шароити тираву тори истибдоду хурофот, рўњи озодипарасти адабиёт як лањза њам сукут накард. Рўдакї дар офаридањои худ ќотеона илм, дониш ва фарњангро бењтарин (дараљаи олии сифат) ганљ, «чароѓи равшан» ва бар тани одамї љавшан номид. То њадди тавон «рўй бар ин ганљ» нињоданро талќин намуд. На љањонбинии дигарро. «Соњибќирони шоирон» илмро њамчун тафаккури назариявї барои дар амал истифода намудан ва осон кардани зиндагии одии инсон дар мадди назар дошт. Њамзамон бо ин, таљрибаи амалиро («гузашти рўзгор»-ро) мањаки озмоиши њадди охири сифатнокии рушди шахс ќаламдод кард. Чунин назарияи эмпиризм – зарурияти дарки воќеият, алоќамандии донишњо, эњсоси муњити атроф бо таљрибаи зиндагї дар тўли таърих барои адабиёт ва мардуми бофарњанг њамчун чароѓи њидоят хизмат кард. Фирдавсї бо дасти Коваи оњангар, њукми Зањњок – тимсоли бадиву бадбахтиро дар дунё «хотима» бахшид. Фаридунро сари ќудрат овард. Адолатро пойдор сохт.
Инкори бадї, бадали он ба рўзгори нек њамчун мафњуми диалектикии инкор, ки хоси рушд ва такомули табиат, љамъият ва тафаккури инсонї аст, ќонунмандии муборизаи халќро барои рўзгори шоиста, ворастан аз љањолат ва таќдирписандї рањнамун сохт. Тавонмандии илмї ва бадеии Абўалї ибни Сино, љуръати озодандешии Носири Хусрав, зарофат ва шуљоати бузурги Убайди Зоконї дар тафсири дониш, хирад, мазаммати љањолат ва хурофот барои адабиёти имрўза намунањои олии пайравї ва сарчашмаи рушду навоварї барои ќудрати зењнї мебошад. Бо худдорї аз тафсири диалектикии масъала як нуктаро хотиррасон бояд кард: хизмати саромадони бузурги адабиёти тољик иборат аз он аст, ки љараёни тафаккури онњо аз сода ба мураккаб, тавассути тањлили бошууронаи таљриба, воќеияти зиндагї сурат мегирад. Илњом, ташаббус ва моњияти эљодиёти онон ба воќеияти объективї марбут аст. Тавассути санъати волои бадеї тасвир кардани пањлуњои нињоят њассоси зиндагии даврон асоси пойдорї ва шуњрати љањонї касб кардани ин адабиёт мебошад. Ин нобиѓањои миллати тољик тафаккури бадеиро њамчун шакли олии фаъолияти инсонї пазируфтаанд. Тавассути забон ќудрати фикрронии хешро оид ба тараннуми воќеияти њаёт, дунявият – зебої ва зебоипарастї нишон дода, дар муќобили љањолат, нодонї, гумроњї, касодии маънавї, тафаккури ѓуломї ва бегонапарастї бурро, ќотеона садо баланд кардаанд. Аз бетарафї ва фурсатљўї канор рафтаанд. Дар «ќањти људ» обрўи хеш нафурўхтаанд. «Бодаву гул ба бањои хирќа харидаанд» (Њофиз). Тавассути афкори бадеї њаќиќати зиндагиро ба мардум, ки суханони он бузургонро аз дањон ба дањон мебурд, «амиќтар, дурусттар ва мукаммалтар» фањмонидаанд. Нагузоштаанд, ки одамон аз андеша, тарзи тафаккур, рафтор ва гуфтори ориёї – њувияти асили тољикият зиёд фосила бигиранд. Бо намоиши зењният ва неруи офарандаи сухан бар торикї пирўз гаштаанд. Аз љумла, эътирофи Садриддин Айнї нисбат ба тањаввулоти фикрие, ки ў баъди мутолиаи «Наводир-улваќоеъ»-и Ањмад Махдуми Дониш бардоштааст, ўро чун «ситораи дурахшоне дар осмони Бухоро» ном бурдааст, шањодати ин гуфтањост. ХУЛОСА Љањонбинї аз муњимтарин сифатњои тавонмандии шахсият аст. Њамзамон, бо ин таъкид бояд кард, ки маљмўъ ё системаи тасаввурот ва тарзи тафаккур наметавонад хусусияти ирсї дошта бошад. Шаклгирии он мањсули љараёни мураккаб ва маќсадноки њаёти љамъиятї аст. Олимони бузурги нимаи дуюми асри ХIХ дар таълифи асари Фейербах – «Противоположность материалистического и иделистического воззрения» таъкид кардаанд: «Бар дўши «рўњ», сароѓоз, вазни сабилмондаи материя, ки шакли дар њаракатбудаи ќабатњои њавои овозњо – калимањо мебошад, њамчун забон бор аст». Осебпазир будани тафаккури инсонї аз дидањо, шунидањо, хондањо шояд мањз дар доираи мантиќи имрўзинаи «сабилмонда» таъкид шуда бошад. Љањонбинї мањсули фаъолияти љамъиятї аст. Адабиёт дар он наќши њаётан муњимро иљро мекунад. «Њама гуна давлат бояд аз рўйи шумораи миќдорї ва сифатї баррасї карда шавад. Аз лињози сифат гуфта, ман озодї ва … маърифатнокиро дар назар дорам. Аз љињати миќдор, шумораи умумии ањолї дар назар дошта мешавад. Имкон дорад, ки як ќисми одамон дар мамлакат аз љињати шумора афзалияти сифатї ва ќисми дигар афзалияти миќдорї дошта бошад. Аммо бояд дар назар гирифт, ки миќдор бар сифат набояд бартарї дошта бошад» (Аристотель. Политика. –М.: 2010. –С.297). Боиси тањсин аст, ки њанўз дар асрњои пеш аз милод Арасту бо такя ба яке аз се ќонуни асосии диалектика «гузаштани таѓйироти миќдорї ба сифатї»-ро њамчун пояи аслии методологияи дарки воќеият истифода намудааст. Итминони комил доштааст, ки тамоюли зиёд шудани шумораи манфї дар мисоли одамони ба љањолату хурофот пойбанд, оќибат омили шикасти љомеа хоњад гашт. Адабиёти миллї вориси аслии маънавиёти давлати миллї мебошад. Бо такя ба имконоти Академияи илмњо ва дигар муассисањои тадќиќотї метавонад аз лињози њифзи маърифат ва маънавиёти миллї бештар аз пайи дарёфти генезиси бадеие бошад, ки омили илмсолориро дар љомеа неруи тоза бахшад. Дар даврони созандагї мавќеъ ва манзалати адабиётро дар љабњаи таъмини воќеии манфиатњои миллї зинда ва барќарор бояд кард. Муассирї ва рўњбахшии онро ба мисли даврони С. Айнї, А. Лоњутї, М. Турсунзода, С. Улуѓзода ва њаммонанди ин бузургон ба намоиш гузошт. Ба хотири он, ки образофаринї зиндагиофаринї аст. Адиб оне нест, ки рўзи љанг (мубориза, талош, арсаи созандагї, рў ба рў гаштан бо душмани ѓаддор, ватанфурўш, дурўя, бегонапараст) пушт гардонад. Адиб он аст, ки дар миёни ин набардњо ё дар лобалои онњо симо, маънавиёт, тарзи тафаккури созандаи хешро дар жанрњои мувофиќ бо амал – образњои бадеии ба воќеият њамсон нишон дињад. Дарахти манњуси анчар њанўз реша дар об дорад. Акнун навбати ин насл омадааст, то он бешоху барг карда шавад (маънињо аз Саъдии Шерозї ва Њабиб Юсуфї). Дар њуљљатњои таърихї ширкати Њабиб Юсуфї, Абдушукур Пирмуњаммадзода, Њаким Карим, Лутфуллоњ Бузургзода, Фотењ Ниёзї ва бисёри дигар адибон дар љанг барои Ватан, иштироки Мирсаид Миршакар, Алї Хуш дар бунёдкории водии Вахш, Мирзо Турсунзода, Бобоюнус Худойдодзода дар бисёре аз сохтмонњои азими замон, аз љумла роњи Душанбе – Хоруѓ сабт ёфтаанд. Мањсули адабии ин бузургон аз таљрибаи зиндагии онон сарчашма мегирад. Образ ва маъниофаринињои нависандагони халќї дар байни халќ мебояд маъруф ва машњур бошанд. Мардум ба кањрамонони асарњои шоирону нависандагоне, ки тибќи ќонун дар унвонашон сифати мансубият ба халќ, сабт гаштааст, пайравї кунанд. Аз онњо ибрат бигиранд. Пешсаф бошанд. Барои манфиати миллат љонбозињо кунанд. Зеро «одамизод њисси ниёзи њифз кардани образњои бузург ва зиндаи доњиёни маънавии хешро – дар хотирааш њамчун сабаќ, њамчун сарчашмаи умед ва мардонагї нигоњ медорад» (В.Г. Белинский. В воспоминаниях современников. –М.: 1977. –С.23). Ќувват ва ќудрати каломи бадеї дар инъикоси воќеият, дар тасвирњои волои эстетикї мебошад. Аммо чунин тасвир дар кадом жанре таълиф гардад, мебояд љанбаи воќеї, заминї, реалистї ва дарки њастї дошта бошад. Ба дархостњои иљтимоии ин замон, дар њоли њозир ва ояндаи наздик созгор ояд. «Њаќиќати абстракт вуљуд надорад. Њаќиќат њама ваќт мушаххас аст». Идеяи марказии давлати миллї – истиќлолият аст. Он њамчун факти њуќуќї ва далели воќеї эълом ва таъмин гардидааст. Бо тамоми имконот, дар бадали љон њимоя карда мешавад. Аммо маќсади аслї – истиќлолияти идеявї, зењнї, маънавї, амалї гаштани ормонњои давлати миллї, мувофиќ кунонидани тарзи тафаккур ва љањонбинї ба ормонњои миллї аст. Давлатњое, ки дар онњо маќсадњои сохтмони давлати миллї тавъам бо ормонњои аслии дар ќонун эълонкардашуда ба љањонбинии аксари аъзои љомеа мувофиќат намекунанд, наметавонанд босубот, пойдор, бегазанд ва бардавом монанд. Њама гуна «аќидае, ки фарогири љањонбинии омма мешавад, ба ќувваи материалї мубаддал мегардад». Мутаассифона, аќидањои зиддимиллї њам. Адабиёт неруи бузургест, ки дар системаи ягонаи таъмини манфиатњои миллї зањмати зењнї кашида, барои пойдорї ва рушди тафаккури миллї хизмати бузург карда метавонад. Паёми ба тўли ќарнњо ирсолкардаи Абулќосими Фирдавсї: «Биё, то љањонро ба бад наспарем!» маќсадгузорї ва амалро дар назар дорад. «Маќсадгузорї воќеият аст. Тавассути амалї кардани он маќсад ба даст меояд» (Аристотель. Сочинения. В четырех томах. Т.1. –М.: Мысл. 1975. – С. 231). Адабиёти асил аз илм ва донишњои илмї сарчашма мегирад. Махсусан, сухани бадеие, ки мундариљаи иљтимої дорад. Сухане, ки ба тањлил, арљгузорї, ислоњ ва рушди љомеа нигаронида шудааст. Он ќонунмандињои раванди њодисоти љамъият ва тафаккурро медонад ва онњоро мадди назар мегирад. Ба онњо такя мекунад, зеро «фоидаи илм иборат аз он аст, ки моро меомўзад, чї кор бояд кунем, ки дар ин дунё саранљоми кори худро пайдо намоем, дар ин дунё барои наљот умед бошад» (Ибн Сина. Избранные философские произведения. –М.: Наука. 1980. –С.103). С. ЯТИМОВ, узви вобастаи Академияи илмњои Тољикистон Бознашр аз маљаллаи «Илм ва Љомеа», №4 (12), соли 2018
4
ХАТЛОН
ПАНЉшанбе, 17 январи соли 2019, №3 (3188)
Вохўрии вакил бо интихобкунандагон
2019 - 2021 - Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї
ДАЊ ЗАНИ ЊУНАРМАНД ДАР ЯК ХОНАВОДА
Хонаводае, ки њар нафараш соњибњунар аст, хонаводаи шинохтаву обрўманд мебошад… Хонаводае, ки њар узваш ваќтро сарфакорона истифода мебарад, файзу баракатро Худованд дар он хонадон арзонї медорад… Хонаводае, ки аз субњ то шом ба зањмату мењнат машѓул аст, воќеан њам, хонаводаи ањлу ором аст ва дар ин гуна хонаводањо муноќишаву нофањмињо кам ба назар мерасанд. Бењуда нагуфтаанд «љое, ки бањс аст, нањсї меорад”, ва “хонае, ки ањл аст, кор сањл аст». Афзалбї Шарифова, модари њафт фарзанд ва чандин набера, 61-сола, сокини љамоати “Бохтариён”-и ноњияи Кўшониён њамин гуна хонаводаро дорад. Хонаводае, ки 19 нафар сари як дастархон љамъ меоянд ва орому осуда њастанд. Зеро Афзалбї Шарифова њар њунаре, ки ба зан хос аст ва њар кореро, ки њар як соњибхона бояд иљро кунад, дар хонадон ў аз уњдааш мебарояд. Њамин љасорату ѓайрат ўро тавонистааст њамчун зани љавону чолоку солим нигоњ бидорад. Ќиссаи њунарманд шудани апаи Афзалбї
хеле аљиб аст. Дар ин љода касе устодаш нест. Танњо номусу виљдон маљбураш карда, ки ба ќавле «зан бояд ба дасти худ нигарад ва пеши касе сар хам накунад”. Ў њамагї 12-13 сол дошт, ваќте ин њодиса рух медињад. Пеши як зани ќаламкаш куртаашро мебарад ва он зан “сафедї”-и дасташро мепурсад. Афзалбї Шарифова ваќте дастмузди он занро мебарад, ў изњори норизогї мекунад, гарчанде ба ќурби њамон замон маблаѓи кам набудааст. «Њамон рўз, - мегўяд апаи Афзалбї, - ман ба худ ќарор додам, ки бояд аз касе хоњиш накунам. Гарчанде хурд будам, ман айб шуморидам бењунар буданро ва аз он зан то имрўз миннатдорам, ки маро як сухани ў тавонист таѓйир дињад. Аввалин наќшњои кашидаи ман чандон хуб набуданд, аммо ман мекашидаму медўхтам барои худ, то замоне ки ба пуррагї аз худ накардам, ба ќафо барнагаштам ва дилмонда њам нашудам. Њамин гуна пайроњаи њунарии ман оѓоз ёфт». - Аввал барои худ ва баъдан барои дигарон медўхтам, - идома дод ин бонуи њунар. - Дар баробари ин, ќуроќдўзию љомадўзї, патдўзию љўробдўзї, шероздўзию рўймолдўзї, кулчапазию њалвопазї ва њар њунаре, ки ба зан хос аст, сад шукр, ки аз уњдааш мебароям. Ман њар њунареро, ки аз худ кардан мехоњам, бо як нигоњ кардан меояму дар хона такрор мекунам ва ба зудї аз худ њам мекунам. Хотираам, сад шукр, ќавист ва наќшњоро низ баъзан аз рўйи тахайюли худам рўйи матоъ мекашам. Яъне устоди њар њунари омўхтаи ман шавќу раѓбатам аст ва то имрўз ман њамеша та-
лош мекунам барои аз худ кардани њар коре. Ман њар њунареро, ки дорам, танњо дар худ нигоњ надоштам. Келину духтарњоямро низ шавќманд сохтам, то дар оянда пеши касе сар хам насозанд. Њатто наберањоям ба мо ба њавас менигаранду сўзану ришта ба даст мегиранд ва наќши кашидаашонро мустаќилона медўзанд ва баъди чанде мебинам, ки гулдўзи моњир шудаанд. Ба ѓайр аз он духтаронам, ки оилаи худашонро доранду соњибњунаранд, боз мо дар хона њамроњи келину наберањо ва духтаронам 10 нафарро ташкил медињем. Хурдтарин њунарманди хонаводаи мо њамагї 8 сол дорад. Ман ваќтро сарфакорона истифода мебарам. Ба тўю маъракањо кам меравам, њушу ёдам танњо дар хонадон ва кор аст. Агар равам њам, ваќти камро он љо мегузаронам. Дар баробари ќаламкашию чакандўзї, болиштњои патдўзї ва кўрпањои ќуроќї барои наварўсон омода мекунем. Ман кўрпаю кўрпачањои ќуроќї њам медўзам ва сўзании дўхтаи ман аллакай соли гузашта ба хориљи кишвар бурда шуд. Чанд рўз пеш бо хоњиши як зани соњибкор аз Душанбе сўзанию кўрпаи чакани дигарамро дўхтам. Бояд изњори минатдорї аз Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, кунам, ки бо эълон гардидани Соли њунарњои мардумї ва боз се соли дигар идома ёфтани он, мо - њунармандон низ бекор намемонем. Ду соли ќабли нисбат ба дигар солњо фармоишгарони мо хеле зиёд буданду њастанд. Бонувон бештар наќшу нигори ќадимиро фармоиш медињанд, ки ин нишонаи хуб аст. Мо наќшу нигорро бештар шабона мекашему медўзем. Рўзона машѓулиятњои дигар дорем. Келинњо кўдакони хурдсол доранд ва ба таълиму тарбияи онњо машѓуланд. Кору бори хонаро низ якљоя мекунем, то ба як нафар мушкилот эљод нашавад. Дар мактаби №21-и љамоатамон фаррошї мекунам, њамроњи духтарон панљ гектар замини пахтаро чобуќ мекунем ва њосилашро мечинем.
Афзалбї Шарифова мегўяд, ки то имрўз дар таъмини хонаводаи хеш сањмгузор њаст, аммо ниёзманд ба фарзандон нашудааст, зеро бекор нест ва ба ќавле љайбаш холї њам намемонад. «Њарчанд шавњарам мегўяд, ки синну солат ба љое расидааст, роњатро кай мебинї? Вале ман зањмат кашидану касеро аз дари хонаам хурсанду ризо гусел карданро роњати зиндагї мењисобам. Баъзан духтаронам мегўянд, ки аз фармоишгарон маблаѓи ночизро мегиред ва ин зањмату њунаратонро беќадр мекунед. Ман онњоро њамеша таъкид мекунам, ки дасте, ки њунар дорад, он даст њељ гоњ бебаракат нест ва беќадр њам намемонад. Зањмати њунарманд ба њар тавре набошад, ќадр мешавад ва эњтироми шахси њунарманд байни дигарон фарќкунанда аст», - изњор медошт њамсуњбати мо. Бале, афзалият доштани апаи Афзалбї нисбат ба дигарон дар њунармандиаш зоњир мегардад. Ба ростї, ба њар хонаводаи шахсони њунарманде, ки рафтам, муњити он хонаводаро њамеша њамин гуна орому осуда дарёфтам. Келинњо хушњол, кўдакон сари як дастархон гирди як табаќ бо муњаббат ѓизо мехўранд, ки ин нишонаи оилаи хушбахту осуда аст. Дар ин хонаводањо, ба ќавли худашон, ваќти сархорї нест. Њар нафар бо њавас наќшдўзї мекунад ва ваќти бањсу муноќиша намеёбанд, зеро њунар онњоро ба дунёи зебоиофарї ворид сохтааст. Афзалбї Шарифова наќшаву орзуњои зиёд дорад. Бо дастгирии ягон соњибкор мехоњад сехи ресандагиву дўзандагии худашро дошта бошад ва ин њунарњоеро, ки ў дорад, на фаќат ба фарзандонаш, балки ба садњо бонувону занони њамдењааш мехоњад омўзонад ва ба љойи кори доимї таъмин намояд. Зеро ў ба худ ва ба љасорату њунари хеш бовар дорад. Мо дар пайроњаи њунару зебоиофарї барои апаи Афзалбї, ки тавонистааст як идеали хуб, намунаи шоистаи ибрат барои дигар занњо бошад, барору комёбї мехоњем. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Саноатикунонии босуръати кишвар - њадафи чоруми миллат
СОЛИ 2019 ДАР КЎЛОБ БУНЁДИ 15 КОРГОЊ ВА 3 КОРХОНАИ САНОАТЇ ПЕШБИНЇ ШУДААСТ Саноат яке аз соњаи афзалиятдори иќтисодии шањри Кўлоб муайян гардида, барои рушди соња пайваста чорањои зарурї амалї карда мешаванд. Бо дарназардошти ин, аз љумла барои соњибкорон ва шахсоне, ки хоњиши бунёди корхонањои саноатиро дар њудуди шањри Кўлоб доранд, дар муњлати кутоњ, яъне то 5 рўз, тавассути «Равзанаи ягона» ќитъаи замин људо карда мешавад. Аз шуъбаи иќтисод ва савдои шањрдории Кўлоб хабар доданд, ки дар ин шањр дар майдони 6,9 га минтаќаи саноатї таъсис дода шуда, тибќи ќарорњои дахлдори раиси шањр ба 7 соњибкор дар майдони 3,8 га ќитъањои замин људо гардид ва њуљљатњои 6 нафари дигар дар майдони 1,5 га омода шуда истодаанд. Дар соли 2018 корхонањои саноатии Кўлоб дар якљоягї бо бахши хусусї ба маблаѓи 218 миллион сомонї мањсулот истењсол карданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 28,2 миллион сомонї зиёд аст. Рушди соњаи саноат 114,9 фоизро ташкил дода, дурнамои нишондињандаи соњаи саноат дар соли 2018-ум 105 фоиз таъмин гардидааст. Соли гузашта 14 коргоњи саноатї, аз љумла 4 коргоњи дўзандагї, 6 коргоњи хишти сементї, коргоњњои ќаннодї, обњои ташнагишикан, дару тирезањои пластикї, пахтатозакунї ва 2 корхонаи саноатї ба истифода дода шуда, дар ин замина 123 љойи нави корї дар соњаи саноат таъсис ёфт. Њамзамон КМ «Ресандаи Кўлоб» баъди бекории дурудароз бо љалби сармояи хориљї ба кор даромад ва 75 нафар шањрвандон бо љойи кори доимї таъмин шуданд. Дар соли 2018
корхона ба маблаѓи 9,7 млн. сомонї мањсулот истењсол кард. Њамин тавр, соли гузашта 23 корхона нисбат ба соли 2017 њаљми истењсолро зиёд намуданд. Дар ин давра ЉСК «Сомон –Кўлобтаљњизот» њаљми мањсулотро нисбат ба соли 2017 ду маротиба зиёд намуда, 27 љойи нави корї таъсис дод. Њамзамон ЉДММ «Комбинати хонасозї» мањсулоти сохтмонї, аз ќабили пояњои оњану бетонї, хишти сементї, рег, ќуми шустагї, обнова истењсол намуд. Дар корхона 25 нафар ба кор љалб гардида, њаљми мањсулот дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ду баробар зиёд карда шуд. ЉДММ «Даврон-К» (собиќ заводи нони Кўлоб) дар соли 2018 истењсоли мањсулотро нисбат ба соли гузашта афзоиш дода, дар корхона 21 нафар ба кор љалб гардидаанд. Роњбарияти корхона дар моњи декабр ба насби коргоњи макаронбарорї оѓоз намуда, ният дорад, ки онро дар соли 2019 ба кор дарорад ва 10 нафарро ба кор љалб намояд. ЉДММ «Комбинати шир» бошад, ба маблаѓи 474 њазор сомонї мањсулоти ширию ќаннодї истењсол намуд, ки нисбати њамин давраи соли 2017 118 фоизро ташкил дод. Дар ин корхона 34 нафар ба кор љалб шудаанд. ЉДММ «Ориён-Рустам» (комбинати гўшт) нисбат ба соли 2017 истењсоли мањсулотро 107 фоиз зиёд карда, дар корхона ягона коргоњи забњи чорво дар шањр сохта шуда, соњибмулк таљњизоти замонавї барои коркарди гўшт ва истењсоли њасибњои гуногунро дар моњњои наздик ворид мекунад, ки дар натиља 15 љойи
нави кории иловагї муњайё хоњад шуд. ЉДММ «Пойафзоли Кўлоб» номашро ба ЉДММ «Нидои Кўлоб» иваз карда, 35 нафарро ба тариќи шартномавї барои дўхти болишту кўрпа ва ѓайра ба кор пазируфт. Коргоњи истењсоли макарон дар моњи октябр ба кор оѓоз карда, 8 нафарро ба кор љалб намуд. Ин коргоњ дар соли гузашта 8 тонна макарон истењсол намуда, айни замон фаъолияташро идома дода истодааст. Дар ЉДММ «Пахтаи Кўлоб» аз тарафи соњибмулк коргоњњо барои истењсоли мехча ва мебел таъсис ёфта, таљњизоти зарурї ворид гардидааст. Дар майдони заминњои ЉДММ «Мармариён» (корхонаи равѓан) ва ЉДММ «Пахтаи Кўлоб» шањрчаи саноатї бунёд карда мешавад. Айни замон 200 нафар ба кор љалб гардида, барои сохтмону барќарорсозии коргоњњо фаъолият доранд. Тибќи маълумоти соњибмулки корхона, дар соли 2019-ум 5 коргоњи истењсолї ба истифода супорида мешаванд. Соли 2018 бо истифода аз ангишт дар се корхонаи саноатї истењсоли хишти пухта ба 4 миллиону 667 њазор дона расонида шуд, ки ин нишондињанда нисбати соли гузашта 1 миллиону 645 њазор дона, ё ин ки 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дўхти либосњои мактабї њамагї 24017 љуфтро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли 2017-ум 17507 љуфт зиёд буда, афзоиш 3,36 маротибаро ташкил дод. Маќомоти иљроияи њокимияти давлати шањри Кўлоб барои бунёди силсилаи корхонањои коркарди пурраи нахи пахта ба сармоягузорони чинї љињати људо намудани
200 га замин розигї дода, ба Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон пешнињод ирсол карда шуд, ки айни замон мавриди баррасї ќарор дорад. Дар мавриди сохта ба истифодадињии силсилаи корхонањои зикргардида зиёда аз 3750 нафар шањрвандон бо љойи кор таъмин хоњанд шуд. Дар баробари ин, дар вохўрї бо намояндагони музофоти Шэнсии Љумњурии мардумии Хитой љињати љалби соњибкорони хитої бо маќсади бунёди 15 корхонаи саноатї пешнињод гардида, барои ба имзо расонидани созишномаи њамкорї маводњо омода шуда истодаанд. Дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии мамлакат Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон саноатикунонии босуръати кишварро њадафи чоруми миллї эълон намуданд. Бо назардошти ин ва барои бо иќтидорњои пурра фаъолият намудани корхонањои мављуда, инчунин љињати бунёди коргоњу корхонањои нав аз љониби шањрдории Кўлоб наќшаи амал тањия гардида, тибќи он дар соли 2019 бунёди 15 коргоњ ва 3 корхонаи саноатї пешбинї шудааст. Тибќи ин дурнамо, дар соли 2019 њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба 250 миллион сомонї расонида мешавад, ки нисбати соли 2018-ум 43 миллион сомонї ё 24 фоиз зиёд мебошад. Тавре ки маълум аст, таъсиси минтаќањои озоди иќтисодї барои љалби сармояи хориљї, содироти мањсулот ва таъсиси љойњои нави корї мусоидат мекунад. Аз шуъбаи иќтисод ва савдои шањрдории Кўлоб хабар доданд, ки вобаста ба ин, барои дар соли 2019 таъсис додани минтаќаи озоди иќтисодии саноатї дар майдони 309 га замин њуљљатњои зарурї омода шуда, ба Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон пешнињод гардидааст. М. НОСИРљон
ЌУБОДИЁН. АФЗОИШИ ИСТЕЊСОЛИ МАЊСУЛОТИ САНОАТЇ Дар натиљаи амалї намудани тадбирњои иловагї дар самти татбиќи ислоњоти иќтисодї ва истифодаи самарабахши маблаѓњои буљетї пешрафти минбаъдаи иќтисодиву иљтимої дар ноњияи Ќубодиён таъмин карда шуд, ки он, пеш аз њама, дар афзоиши маљмўи мањсулоти дохилї, истењсоли мањсулоти кишоварзї, саноатї, наќлиёт, савдо, хизматрасонї, баландшавии музди миёнаи мењнат ва маблаѓгузорињо зоњир гардид. Тавре ки аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ќубодиён ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, дар ёздањ моњи соли 2018 њаљми маљмўи мањсулоти дохилї ба 947 миллион сомонї расида, афзоиш нисбат ба њамин давраи соли 2017 ба ќадри 5%, ё ин ки 45 миллион сомонї зиёд буда, афзоиш ба соњаи кишоварзї 2,1 фоиз, ба соњаи саноат 9,3 фоиз ва дигар соњањо 22 фоиз рост меояд. Иљрои наќшаи андозњои мањаллї 100,3%, андози иљтимоии буљетї 101,6% ва ѓайрибуљетї 100,6% таъмин гардидааст. Новобаста ба ин дастоварњо, инчунин мушкилоти њалталаб низ дар миён буда, ба њолати 1 декабри соли 2018 6,6 миллион сомонї баќияпулињои андозњо боќї монда, баќияпулињо нисбати аввали соли 2018 ба андозаи 179 њазор сомонї афзоиш ёфтааст. Аз љумла, баќияпулињои андоз 558 њазор сомонї кам шуда бошад њам, баќияпулињои андози иљтимої 737 њазор сомонї зиёд шудааст. Дар давраи њисоботї аз љониби филиалњои бонкњо ва ташкилотњои ќарздињї дар ноњияи Ќубодиён ба соњањои хољагии халќ 36,3 миллион сомонї ќарз пешнињод карда шуда-
аст, ки нисбат ба њамин давраи соли 2017 4,1 миллион сомонї зиёд аст. Саноат яке аз соњањои афзалиятндор буда, истифодаи васеи технологияњои пешќадам ва баланд бардоштани сатњи техникии истењсолот омили раќобатпазир гардидани мањсулот ба њисоб меравад. Корхонањои саноатї дар якљоягї бо бахши хусусї дар ёздањ моњи соли 2018 ба маблаѓи 88,4 млн. сомонї мањсулоти саноатї истењсол намудаанд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2017 бо нархњои муќоисавї 109,7 фоизро ташкил дода, 7,8 млн. сомонї зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби бемасъулиятии масъулини соња дар давраи њисоботї корхонањои «Бибї Њалима», «Бахтулло» «Маъруфхон» ва кооперативи истењсолии «Султони Азиз» аз фаъолият бозмонда, корхонањои «Ориёно», «Њафизї», «Нашманхон», «Ёсин-2013», «Њољї Додарбек», «Зариф-1», «Истењсолот» ва «Ороиши Диёр» њаљми истењсоли мањсулотро нисбат ба њамин давраи соли 2017 кам кардаанд. Ба њамагон маълум аст, ки тибќи дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон бо назардошти таѓйирёбии вазъу талаботи бозори љањонї ва таъмини рушди устувори иќтисодї, тараќќї додани соњаи саноат ва коркарди мањсулоти он то њадди нињої аз љумлаи вазифањои муњимтарин мебошад. Вобаста ба ин, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ќубодиён дар њамкорї бо сохтору маќомоти дахлдор бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захирањои мављуда, љињати бењтар намудани шароити мусоид барои дастгирї ва рушди соњибкорї, љалби
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
сармояи ватанию хориљї, амалї намудани дархосту пешнињодњои соњибкорон чорањои мушаххасро татбиќ мекунад. Дар соли 2018 аз њисоби њамаи манбаъњои сармоягузорї ба маблаѓи 15,5 млн. сомонї сармояи асосї љалб карда шуда, корњои сохтмону васлкорї 14,7 млн. сомонї, фондњои асосї ба маблаѓи 8 млн. сомонї иљро шуда, хонањои истиќоматї 7200 метри мураббаъ ба истифода дода шудааст, ки ин аз 133 то 215 фоизро нисбат ба њамин давраи соли 2017 ташкил менамояд. Дар баробари ин, бо маќсади иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22 майи соли 2018, №1059, ќарори раиси ноњияи Ќубодиён аз 5 июни соли 2018, №772 ба тасвиб расида, гурўњњои корї љињати пешбурди корњо оид ба ободонї ва омодагї ба таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар њудуди љамоатњои шањраку дењоти ноњия таъсис дода шуда, наќшаи чорабинињо бо фарогирии 128 банд бо теъдоди сохтмони 111 иншоот тасдиќ карда шудааст. Тибќи наќша, дар ноњияи Ќубодиён то имрўз сохтмони 31 адад иншоот, аз љумла 1 муассисаи таълимї, 1 адад нуќтаи хатнасур, 2 адад дорухона, 1 майдончаи варзишї, 1 мењмонхона, 2 сартарошхона, 1 њаммом, 1 маркази савдо, 1 маркази хизматрасонї, 2 коргоњи дўзандагї, 7 адад пул мавриди бањрабардорї ќарор гирифта, 650 метри мураббаъ роњи пиёдагард бо хишти роњрав пўшонида шуд. Инчунин, 13,5 км зањбуру зањкашњо тоза гардида, 3,7 км шаѓалпўш, 4 км таъмири асосї ва 14 км таъмири чуќуричањо бо омехтаи сиёњ корњо ба итмом расонида
шуда, корњои сохтмонї дар 30 иншооти соњањои маориф, тандурустї, фарњанг, варзиш, марказњои савдою хизматрасонии маишї ба ањолї ва биноњои маъмурии ташкилоту муассисањои ноњия бомаром идома доранд. Дар ин давра коргоњи дўзандагию ќаннодии «Мастура», бинои нави ољонсии филиали №52 Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар Љамоати дењоти Навобод ба истифода дода шуда, аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия толорњои шуъбаи фарњанг, намоишгоњи осорхонаи ноњия љињати амалї гардидани «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» аз таъмири косметикї бароварда шуд. Инчунин, корњои сохтмони бинои маъмурии Љамоати дењоти ба номи Носири Хусрав, бинои бисёрошёнагии истиќоматии 48-њуљрадор барои хизматчиёни давлатї дар Љамоати шањраки «Ќубодиён» аз љониби Дирексияи сохтмони иншооти њукуматии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон оѓоз гардида, корњои ободонию бунёдкорї, сохтмони марказњои хизматрасонию савдо, мактабпарваришгоњ, бинои маъмурии шуъбаи маориф, муассисаи таълимии №44 ва дар асоси созишномаи байнидавлатии Тољикистону Ўзбекистон сохтмони беморхонаи марказї бо маром идома дорад. Аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосї ва корњои таъмирї»-и Вазорати мењнат ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон сохтмони бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникї» дар дењаи Равшанободи Љамоати дењоти ба номи Носири Хусрав ба-
рои 200 љойи хониш, хобгоњ барои 100 љойи хоб оѓоз гардид. Дар доираи татбиќи лоињањои «Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии ноњияи Ќубодиён барои солњои 2016-2020» дар њамкорї бо вазорату ташкилотњои љумњуриявии масъул 21 лоиња ба маблаѓи 8,6 млн. сомонї амалї гардида, дар 28 лоињаи дигар корњо љараён дошта, дар маљмўъ, маблаѓи умумии он 22,9 млн. сомонї, ё ин ки 21 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил менамояд. Аз љониби соњибкорони ноњи-яи Ќубодиён сохтмони биноњои маркази савдою хизматрасонї, клиникаи хусусї, толори варзишї, њаммом, нуќтањои фурўши сўзишворї ва гази моеъ љараён дошта, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия дар доираи имкониятњои мављуда љињати рушди устувори ноњия ва иљрои лоињањои Барнома тадбирњои иловагї меандешад. Дар Барнома тибќи лоиња сохтмони 30 адад иншооти маъмурии ташкилоту муассисањои ноњия пешбинї гардида, аз љониби Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба андешидани тадбирњои зарурї барои иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2015, №797 «Дар бораи Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии ноњияи Ќубодиён барои солњои 2016-2020» ба вазорату ташкилотњои љумњуриявии масъул то 1 феврали соли 2019 муњлат дода шудааст.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Н. Маъмурзода, «Хатлон»
Вакилони Маљлиси намояндагон ба маќсади шарњи пурраи Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба мулоќоту дидорбинии инихобкунандагони худ дар шањру навоњии вилоят сафари корї доранд. Дар њамин доира, вакили Маљлиси намояндагон аз њавзаи интихоботии №28, ноњияи Абдурањмони Љомї Сафаралї Раљабов бо сокинони шањраку дењот, кормандону хизматчиёни ташкилоту муассиса, идорањои ноњия вохўрии судманд гузаронд. Дар вохўрињо вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї Сафаралї Раљабов мардумро ба мазмун ва муњтавои Паём шинос намуда, њамзамон таъкид кард, ки њадафњои асосии ин њуљљати рањнамо аз сиёсати сулњдўстонаи давлату Њукумат, таваљљуњу ѓамхорињои пайвастаи Сарвари давлат дар роњи ба як давлати мутараќќию пешрафта расидани кишвари азиз, ободонии сартосарии диёр, таъмини зиндагии шоистаи миллати соњибтамаддуну сарбаланд мужда медињад. Батадриљ расидан ба маќсадњои стратегї, бунёди иншоотњои муњими давр, зебову хуррам гардидани мањали зист, сол аз сол баланд гардидани музди маоши кормандон, фатњи ќуллањои нав ба нави илму маърифат, фарњанг, варзиш, рушди сайёњї бозгўйи њамин маънианд. Ба масъалаи рушди сайёњї ва њунарњои мардумї бори дигар рў овардани Пешвои миллат ва бо замми рушди дењот ин равандро то соли 2021 давом додан, дар њаќиќат, заминаи воќеї дорад. Зеро ќисми зиёди шањрвандони Тољикистон сокинони дењотанд ва ба ободию хурра-
мии мањалли зист бештар ниёз доранд. Дар ин маврид, шароитњои инфрасохтори дењот, бунёд ва таљдиди роњњо мувофиќи талаботи байналмилалї, ба истифода додани муассисањои замонавии таълимию тиббї, фарњангї, бунёди иншооти маишї, марказњои истироњатїфароѓатї, савдо ва ѓайраро муњайё кардан лозим аст. Танњо бо њамин роњ метавон пешрафту шукуфоии дењоти мамлакат ва зиндагии шоистаи сокинон таъмин бошад. -Бо вуљуди ин, њанўз њам, баъзе масъалањои ташвишовар, ки љањонро фаро гирифтааст, боќї мондаанд. Њамин буд, ки Пешвои миллат ба масъалаи номатлуби зуњури коррупсия, гаравидани љавонон ба њизбу њаракатњои манфиатљўйи ифротї, пањн гардидани нашъамандию нашъаљаллобї, риоя нагардидани талаботи ќонунњои миллї «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», носозгории оилањои љавон, даст ба љиноят задани занону ноболиѓон, худкушї, ки давлату миллати моро аз азал хос набуд, махсус ќайд намуда, дастур доданд, ба маќсади пешгирї ва решакан кардани чунин зуњуроти номатлуб, ки мутаассифона, љой доранд, муборизаи дастљамъона мебояд, то њадафњои пешгирифтаи давлату Њукумат - расидан ба зиндагии шоистаи мардум таъмин гардад, -гуфт дар муњтавои суханрониаш Сафаралї Раљабов ва бо боварї афзуд, ки интихобкунандагон дар роњи амалї гардидани дастурњои Пешвои миллат, бешак, сањмгузорї хоњанд намуд. И. Њасанов
Хўроки чорво яке аз омилњои тараќќиёти соњаи чорводорї Чорводорї яке аз соњањои муњимтарини хољагињои љумњурї мебошад. Зеро он барои ањолї манбаи мањсулоти пурарзиши озуќаворї, аз ќабили гўшт, шир, тухм ва барои саноат манбаи ашёи хом- пашм, пўст ва ѓайрањо мебошад. Роњњои асосии зиёд намудани саршумор, мањсулнокї ва наслнокии чорво, бењтар намудани сифатњои зотї, чорвои зотњои мављудбуда ва ба вуљуд овардани зотњо ва типњои нави чорво, амнияти озуќавории инсонро ба назар гирифта, доимо ташхисњои тиббї - бойториро гузаронида, инчунин, дар асоси дастовардњои илм ва таљрибаи пешќадам барпо намудани базаи мустањками хўрока мебошад. Бояд зикр намуд, ки самаранокии иќтисодї, чорводорї аз таъмин кардани хўрокњои хушсифат, самаранок истифодабарии онњо ва мувофиќи талаботи хўронидан вобастагии асосї дорад. Чунки аз харољоте, ки барои истењсоли мањсулоти чорводорї сарф мешавад, ќисми зиёди он ба хўрока рост меояд. Хўрокњо дар таркиби арзиши аслии шир 50-55%, гўшт 60-65% ташкил медињад. Яке аз омилњои тараќќї намудани соњаи чорводорї, дар муњлати муайян кишт ва тайёр намудани хўроки чорво аст. Пеш аз кишт намудани зироатњои барои хўроки чорво донистани намуд ва саршумори чорво шарт ва зарур аст.
Дар шароити њозира, мањз ба туфайли технологияи пешќадам, кишти навъњои серњосили зироат, ба роњ мондани кишти байни ќаторї, такрорї ва омехтаи зироатњои хўроки чорво, бењтар гардонидани сифату зиёд кардани њаљми хўрока, истењсоли мањсулоти чорводориро зиёд кардан мумкин аст. Серњосилии зироатњои хўроки чорво аз истифодаи нурињои мањаллї ва минералї вобастагии калон дорад. Мутаассифона, њоло дењќонон ва чорводорони заминдор дар заминњо кишти зироатњои хўроки чорворо хеле кам истифода мебаранд. Бењтарсозии њолат ва дар самтњои зарурї истифода бурдани заминњои кишти хўроки чорво барои мустањкамии базаи хўрока ва баланд бардоштани мањсулнокии чорво, зиёд кардани саршумор, истењсоли гўшту шир ва пашму пўст дар њамаи шаклњои хољагидорї, таъмини талаботи ањолї бо мањсулоти ѓизої, саноат бо ашёи хом ва таъсиси љойњои нави корї ањамияти калон дошта, андешидани тадбирњои њалталабро таќозо менамояд. Љамол Љумъаев, декани факултети техникїкишоварзии коллељи махсусгардонидашудаи шањри Бохтар, номзади илмњои кишоварзї, Мањмасодиќ Абдурозиќов, мудири кафедраи тиббїбойтории коллељи мазкур
ЉАВОНИ 30 - СОЛА КАЛОНТАРИН ДОИРА ДАР ЉАЊОНРО СОХТААСТ Устои љавон, сокини шањри Кўлоб Саиднодир Њайдаров дойрае сохтааст, ки калонтарин дар љањон мањсуб мегардад. Саиднодир Њайдаров ќариб муддати 100 рўз рўйи сохтани ин дойра зањмат кашидааст. Ќутри диаметри дойра – 1,7 метр ва вазнаш 34 кило мебошад. «Ин кўшиши дуюмам аст. Аввали соли гузашта бо шогирдонам дойраи масоњаташ 1,5 метр сохтем. Сипас, тасмим гирифтам, ки рекорди худамро бењтар кунам ва дойраи андозааш калонтарро сохтам», - мегўяд усто. Ин устои 30-солаи асбобњои мусиќї ният дорад, ки мањсули дастонашро ба Китоби рекордњои Гиннес номнавис кунад. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон» эътибор надорад Шиносномаи техникї тањти №473 аз санаи 26.04.2018 ва сетификати њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин тањти №Б 0500299, ки дар асоси ќарори раиси Љамоати дењоти “Гулистон ” тањти №50 аз 06.09.2007 ба миќдори 0,17 га ва шањодатномаи њуќуќ ба мероси манзили истиќоматї, воќеъ дар шањри Левакант, Љамоати дењоти Гулистон, дењаи Эшонобод, ки онро Идораи ноториалии давлатии шањри Левакант дар фењристи тањти 4 М-14/2018, ки њамчун моликияти шахсї ба Нусратов Бобохон аз рўи ќонун њуќуќ ба мерос дода мешавад, бо сабаби гум шуданаш беэътибор дониста шавад. Шиносномаи гумшудаи техникї дар асоси манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки «Бўстонќалъа», дењаи Питомик, хонаи б/р аз 08.05.2012 инчунин шартномаи хариду фурўши манзили истиќоматї №1ш-23 аз 08.05.2012, ки онро КДФ (Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул) ба шањрванд Тачибаев Абдужалил дода шудааст, бинобар гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шуд. Шањодатномаи гумшудаи № ТА-679380, ки онро соли1975 МТМУ №18-и ноњияи Кўшониён ба Шарипова Саломатхон Абдужаборовна додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтињонии курси 3 гурўњи 430103-А шўъбаи рўзонаи Донишгоњи Энергетикаи Тољикистон ба Рањмонов Вайсидин Љалолиддинович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №0453917, ки онро соли 2017 МТМУ №5-и ноњияи Дўстї ба Ибрагимов Нуршед Њисомидинович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи ХТТЉ №0000066, раќами ќайди ИЉ №397 аз 12 ноябри соли 2012 Ташкилоти љамъиятии “Муштарї-2012” –и ноњияи Панљ, Љамоати дењоти Озодагон, дењаи И. Машраб фаъолияташро ќатъ менамояд.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Њангомаи ИСМАТ
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 16.01.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8500 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896