Skip to main content

Шумораи №28

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №28 (3165)

панљшанбе, 26 июли соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru Нишасти матбуотї

Д. Гулмањмадзода: «ДАР ВИЛОЯТ 11 ЊАЗОР ЉОЙИ НАВИ КОРЇ ТАЪСИС ДОДА ШУД» Тибќи арзёбињои пешакї, дар доираи наќшаи тадбирњо ба муносибати таљлили љашни њамагонии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон тайи се соли оянда дар вилояти Хатлон наздик ба 3200 иншооти муњимми иљтимої, маишї, саноатї ва фарњангию варзишї бунёд хоњад шуд. Ин нукта дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода, ки бо иштироки дањњо намояндаи васоити ахбори оммаи вилоятї, љумњуриявї ва байналмилалї дар шањри Бохтар сурат гирифт, баён гардид. Дар ин њамоиши хабарї раиси вилоят доир ба дастовардњои иќтисодию иљтимоии вилояти Хатлон дар зарфи 6 моњи гузаштаи соли 2018 маълумот дода, аз сатњи њамкории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бо доираи хабарнигорон изњори ќаноатмандї намуд. Давлатшоњ Гулмањмадзода зикр кард, ки бо вуљуди идома ёфтани таъсири буњрони молиявии љањон ба иќтисодиёти кишвари мо, нимаи якуми соли 2018-ро тамоми фаъолон ва мењнаткашони вилоят бо натиљањои мусбат ва дастовардњои хуби иљтимої, иќтисодї ва фарњангї љамъбаст намуданд. Маљмўи мањсулоти минтаќавї дар нимаи якуми сол 6 миллиарду 641 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 7,6% афзудааст. Дурнамои даромад ба буљет низ дар ин давра беш аз 100 фисад иљро гардид, ки 88,8%-и маблаѓњои буљетї (492 миллион сомонї) ба соњањои иљтимої равона карда шудааст. Дар нимсолаи гузашта фаъолияти бонкњо низ, ба ќавли раиси вилоят, андак љоннок гардид. Инро нишондињандаи ироаи ќарзњои бонкї, ки беш аз ним миллиард сомониро ташкил медињад, собит мекунад. Гуфта шуд, ки њаљми маблаѓгузорињои бонкї назар ба нимаи якуми соли гузашта ба ќадри 47 миллион сомонї бештар аст. “Аммо барои ањолии беш аз семиллионнафараи вилоятамон њанўз њам ин миќдор маблаѓ нокофї мебошад ва бонкњоро мебояд бо мардум дар ин самт њамкории бештареро роњандозї намоянд”, - афзуд Д. Гулмањмадзода. Њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї дар вилоятамон нимаи якуми соли љорї ба се миллиарду 605 миллион сомонї расидааст, ки дар муќоиса бо њамин давраи соли 2017 ба андозаи 8,5% зиёдтар аст. То поёни сол афзоиши бештари

мањсулоти кишоварзї пешбинї мешавад. Ќайд карда шуд, ки беш аз 50 фоизи њаљми умумии мањсулоти кишоварзї, аз љумла истењсоли ѓалладонагињо, сабзавот, пахта, полезињо, гўшт, пашм, моњї ва 33 фоизи њаљми мањсулоти саноатии дар љумњурї истењсолшаванда ба вилояти Хатлон рост омада, ин нишондод сол ба сол тамоюли афзоиш дорад. Дар нишасти матбуотии раиси вилоят таъкид шуд, ки истењсоли мањсулоти саноатї имсол нисбат ба нимаи якуми соли гузашта ба ќадри 630 миллион сомонї бештар гардид. Махсусан истењсоли семент 54%, масолењи сохтмонї 35%, риштаи пахта 13%, равѓани растанї 24% афзун шуд. Дар вилояти Хатлон ба маблаѓи умумии беш аз 1,1 миллиард сомонї корњои сохтмонї анљом дода шуда, дар нимсолаи якум беш аз 100 иншооти истењсолию ѓайриистењсолї, аз љумла 7 муассисаи таълимї ва корхонањои саноатї мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. - Маориф яке аз соњањои афзалиятнок ба њисоб рафта, рушди ин соња дар маркази таваљљуњи роњбарияти давлат ќарор дорад, - идома дод Д. Гулмањмадзода. – Имсол шумораи муассисањои тањсилоти миёнаи умумї дар вилоят ба 1338 адад расид. Ин шумора сол ба сол меафзояд. Њамчунин дар соли тањсили гузашта теъдоди хонандагон 26194 нафар афзуд. Барои фарогирии ин теъдоди кўдакону наврасон наздик ба 50 мактаби нав зарур аст. Шумораи омўзгорон њам имсол 1899 нафар зиёдтар шуд. Бо дарназардошти афзоиши шумораи муњассилон, дар се соли оянда бунёди 54 мактаби нав дар вилоятамон ба наќша гирифта шудааст. Раиси вилояти Хатлон њамчунин аз таъсиси 11 њазор љойи нави корї дар ќаламрави вилоят хабар дод. Аз ин теъдод 4,4 њазор сокини вилоят тавассути 170 ярмаркаи љойњои холии кор, ки давоми нимсола дар њамаи шањру навоњї гузаронида шудаанд, бо кор таъмин шудаанд. Раиси вилоят њамчунин гуфт, ки дар шаш моњи гузашта гардиши савдои хориљї бењтар гардида, ин нишондињанда 175 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз ин нишондод 74,4 миллион доллараш ба содироти мањсулот аз вилоят рост меояд. Аз вилояти мо ба хориља асосан мањсулоти табиї, пила, калобаи ресандагї, намак, тухми паранда, мањсулоти кишоварзї содирот мешавад. Дар нишасти матбуотї хабарнигорон А. Иброњим (“Пайк”), С. Назриев (“Азия-плюс”), Б. Уроќов (“СССР”), Ш. Саид (ТВ “Хатлон”), Т. Розиќ (радиои “Тољикистон”),

7 рЎзи ХАТЛОН ЉАЛАСАИ НАВБАТИИ ШЎРОИ ЗАНОН 25 июл дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоњини шањри Бохтар љаласаи Шўрои занони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят тањти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид. Дар шўро асосан ду масъала: сабабу омилњои афзоиши њолатњои бекоршавии аќди никоњ дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2018 ва вазъи хизматрасонии тиббї ба модару кўдак мавриди баррасї ќарор гирифт. Муовини раиси вилоят М. Хидирзода бо изњори нигаронї аз зиёдшавии њолатњои азњампошии оилањо таъкид намуд, ки баргузор кардани чорабинињои фарњангию фароѓатї оид ба омода намудани љавонон ба њаёти мустаќилона ва баланд бардоштани маърифати оиладорї муњим аст. «Њамзамон, ташкил намудани ташхиси ройгони сайёр аз њисоби духтурони занона ва ба роњ мондани вохўрию мулоќотњо дар дењањо бо ањолї, махсусан занони хонашин, љињати тарѓиби ташаккули тарзи њаёти солим ва марњилаи њомиладории занон зарур мебошад. Масъулон дар сатњи мањал љињати пешгирии људошавии оилањо, фавти модару кўдак, зўроварї дар оила бояд чорањои зарурї андешида, корњои тарѓиботию ташвиќотиро дар байни занону духтарон пурзўр намоянд», - афзуд М. Хидирзода.

ШУМОРАИ НАФАЌАГИРОН 8727 НАФАР АФЗУДААСТ Шумораи афроди нафаќагир дар вилояти Хатлон ба 236 њазору 815 нафар расида, њисоби миёнаи нафаќаи онњо ба 257,45 сомонї баробар шудааст. Шумораи нафаќагирон нисбат ба як сол пеш 8727 нафар (3,8%) зиёд гардидааст. Дар ин бора С. Мўсозода, сардори Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод.

Ш. Абдулњамидов (“Омўзгор”), Х. Раљаб (ТВ “Тољикистон”), А. Достиев (“СССР”), Љ. Сайфиддинов (“Бонувони Тољикистон”), Ќ. Ќурбонов (ТВ “Сафина”) ва дигарон доир ба мушкилоти вобаста ба хумдонњои оњакпазии ноњияи Хуросон ва зиёни ин корхона ба муњити зист, зарурати бунёди муассисањои таълимї, ба кор даромадани корхонаи истењсоли нурињои минералї, кам будани шумораи банкоматњо, баъзе мушкилоти кишоварзон, рушди синамо дар вилоят, ташкил кардани истироњати тобистонаи кўдакон, пешрафти соњаи саноат, норасоии оби нўшокї дар бархе аз мањалњо, дастгирии бонувон ва таъини онњо ба маќомњои масъул, дастрасї ба иттилоот ва дигар масъалањои мубрам суол гузошта, аз љониби раиси вилоят Д. Гулмањмадзода посухи ќаноатбахш дарёфтанд. Раиси вилоят Д. Гулмањмадзода дар поёни њамоиши матбуотї аз намояндагони воситањои ахбори омма даъват намуд, ки дар инъикоси воќеъбинонаи дастовардњои шањру навоњї ва ифшои камбудињои љойдошта азму саъй карда, бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят мунтазам дар робита бошанд. Носирљон МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”

Ба ќавли манбаъ, бо маќсади таъмини сариваќтии маблаѓи нафаќаю кумакпулињо дар вилоят наќшаи андози иљтимої то 1 июли соли 2018 ба андозаи 264158,8 њазор сомонї пешбинї шуда буд, аммо иљрои ин дурнамо 95,5%-ро ташкил медињад. «Дар нимаи аввали соли 2018 рафти љамъоварии маблаѓњои андози иљтимої дар баъзе шањру ноњияњои вилоят бенињоят ташвишовар буд. Натиља ин аст, ки дар вилоят ба ѓайр аз шањру

ноњияњои Бохтар, Левакант, Љайњун, А. Љомї, Шањритўс, Хуросон, Данѓара, Темурмалик, Норак ва Балљувон, дигар шањру ноњияњо наќшаи пешбинишударо таъмин карда натавонистанд», - зикр кард С. Мўсозода. Аз маблаѓи умумии нафаќапулињои људогардида 158,7 млн. сомониашро кумаки молиявии Агентии нафаќаи Љумњурии Тољикистон ташкил медодааст, ки ба 44,2%-и талаботи нафаќа баробар аст.

БОХТАР. ДАСТОВАРДЊО ДАР СОЊАИ САНОАТ Дар нимаи якуми соли 2018 истењсоли мањсулоти саноатї ва корњои хизматрасонї дар шањри Бохтар 84 миллиону 887 њазор сомониро ташкил дод, ки нисбати њамин давраи соли 2017 ба ќадри 20 миллиону 714 њазор сомонї зиёд буда, афзоиши истењсол ба 132,3% баробар аст. Тавре ки аз шањрдории Бохтар иттилоъ доданд, маъмурияти ЉСК «Трансформатор», ЉДММ «Ресанда», ЉДММ «Комбинати шир» ва «Соап-Зон» дар натиљаи амалї намудани дастуру супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ба дастовардњои назаррас ноил гардидаанд. ЉСК «Трансформатор» истењсоли мањсулотро нисбати њамин давраи соли 2017 ба маблаѓи 2 млн. 212 њазор сомонї, ЉДММ «Ресанда» ба маблаѓи 155 њазор сомонї, ЉДММ «Комбинати шир» ба маблаѓи 22,3 њазор сомонї ва «Соап-Зон» ба маблаѓи 30 њазор сомонї зиёд намудаанд.

Н. ХУСРАВ: ММД - 101,2 МИЛЛИОН СОМОНЇ ЌАБУЛИ САЙЁРИ шањрвандон

Њаљми маљмўи умумии мањсулоти дохилии ноњияи Носири Хусрав дар шаш моњи соли равон 101 миллиону 264,6 њазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 10,3 миллион сомонї зиёд мебошад.

РАИСИ ВИЛОЯТ Бо сокинони НОЊИЯИ ШАМСИДДИН ШОЊИН вохўрд Рўзи шанбеи гузашта раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода дар доираи рўзњои ќабули сайёри шањрвандон ба ноњияи баландкўњи Шамсиддин Шоњин сафар карда, дар толори муассисаи тозасохти тањсилоти миёнаи умумии №1 гурўњи шањрвандони арзу дархостдоштаи ин ноњияро ба њузур пазируфт. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилоят хабар доданд, дар рафти кори ќабул арзкунандагон ба дархосту пешнињодњои хеш љавобњои ќаноатбахш гирифта, барои дастгирию мусоидат ба раиси вилоят Д. Гулмањмадзода изњори сипос намуданд. Аз он љумла, сокини дењаи Кўњдомани Љамоати дењоти «Шўрообод» Таѓаймурод Олимов ба хотири рушди корхонаи истењсолиаш, ки барои омода кардани мањсулоти зира нигаронида шудааст, дархости аз бонкњо гирифтани ќарзи имтиёзнокро намуд. Сокини дењаи Чагами Љамоати дењоти «Чагам» Абдусаттор Боронов, ба њайси раиси Ассотсиатсияи волидону омўзгорони мактаби дења, аз раиси вилоят хостори мусоидат ба бунёди бинои нави муассисаи таълимї шуд. Сокини Љамоати дењоти

ба номи Нуриддин Мањмудов Ќурбон Шарифов хоњиш кард, ки раиси вилоят дар кушодани бозори наздисарњадии дењаи Шоњон мусоидат намояд. Муродалї Одиназода, аз дењаи Њавзаи Љамоати дењоти «Лангардара», аз набудани хати барќ дар дења арзи матлаб кард. Сокини маркази ноњия С. Худойбахшов бошад, доир ба набудани бозор дар маркази ноњия масъалагузорї намуда, аз раиси вилоят кумак дар њалли мушкили мазкурро дархост кард. Корманди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия Файзалї Љамолиддинов хоњиш намуд, ки барои анљоми сохтмони бинои хизматчиёни давлатї маблаѓи зарурї људо карда шавад. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода дар поёни кори ќабули сайёри шањрвандон ба вазъи имрўзаи њаёти иќтисодию иљтимоии ноњия ишора кард. Мавсуф амалњои со-

зандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалї Рањмонро њамчун инќилоби нав дар самти бунёдкорї арзёбї намуда, зикр кард, ки вобаста ба ин њар яки моро зарур аст, ки барои сазовор таљлил намудани љашни умумимиллии 30солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон корњои љориро анљом дода, љињати бунёди китобхонаву њаммом бо сартарошхонаву кошонаи њусн, боѓу гулгаштњо ва љойњои сайру истироњати оммавї, корхонањои истењсолї, аз љумла коргоњњои дўзандагї, истењсоли маснуоти њунарњои мардумї, бо оби босифати ошомиданї таъмин намудани ањолии дењањо, таъмири роњи байни дењањо ва умуман њамаи мањалњои ањолинишин, шинонидани нињолњо ва бунёди боѓњои нав ба истиќболи ин љашни бузурги миллї кўшиш ба харљ дињем. Д. Гулмањмадзода изњори итминон кард, ки фаъолон ва кулли сокинони ноњияи Шамсиддин Шоњин љашни дарпешистодаи 30солагии Истиќлолияти давлатии кишварамонро бо дастовезњои шоёни мењнатї истиќбол менамоянд. Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»

НАМОИШИ МАЊСУЛОТИ 50 КОРХОНАИ ХАТЛОН ДАР ТЕРМИЗИ ЎЗБЕКИСТОН Дар шањри Термизи вилояти Сурхондарёи Ўзбекистон намоишгоњи мањсулоти корхонањои саноатии вилояти Хатлон ва Форуми тиљоратии соњибкорон баргузор гардид. Дар ин чорабинии муштарак, ки 13-14 июл дар вилояти бо Хатлон њамсарњади кишвари њамсоя барпо шуд, наздик ба 50 корхонаю ширкати истењсолї аз вилояти Хатлон молу мањсулоти тавлидотии худро ба маъраз гузоштанд. Муовини раиси вилояти Хатлон Раљабалї Раљабов зимни суханрониаш дар маросими ифтитоњи намошгоњ-ярмаркаи молистењсолкунандагони вилояти Хатлон дар вилояти Сурхондарёи Ўзбекистон аз љумла зикр кард, ки чорабинии мазкур, бешак, дар тањкими дўстии мардуми ду кишвар ва рушди муносибатњои дуљониба мусоидат хоњад кард. «Мо шоњиди рўйдодњои таърихие будем, ки бо ташаббуси роњбарони њар ду давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ва муњтарам Шавкат Мирзиёев дар арафаи љашни байналмилалии Наврўз якчанд дидбонгоњи сарњадї миёни Тољикистону Ўзбекистон кушода шуданд. Инчунин њаракати наќлиёти автомобилї ва ќаторањо дар масири Хошадї-Амузанг барќарор гардид. Ин тадбирњо барои рушди минбаъдаи равобити иќтисодї ва пешрафти фаъолиятњои соњибкорї дар минтаќањои Тољикистону Ўзбекистон, аз љумла вилоятњои Хатлону Сурхондарё имкониятњои навро фароњам меорад», - афзуд Р. Раљабов. Дар баробари мањсулоти саноатию истењсолии

корхонањои саноатии вилояти Хатлон ба сокинони Сурхондарё инчунин намунањо аз мањсулоти кишоварзии барзгарони хатлонї намоиш дода шуд. Дар доираи сафари намояндагони корхонањои саноатию соњибкорони хатлонї ба шањри Термизи Ўзбекистон Бизнес-форуми соњибкорони Хатлону Сурхондарё доир гардид. Дар њошияи форуми мазкур миёни доирањои соњибкории ду вилоят 12 созишнома ба имзо расид. Ёдрас мекунем, ки 5 -6 майи соли љорї дар шањри Бохтар намоишгоњи мањсулоти молистењсолкунандагони вилояти Сурхондарёи Ўзбекистон барпо шуда буд. «Хатлон»

Аз дастгоњи раиси ноњияи мазкур ба рўзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки аз њаљми умумии мањсулоти дохилї дар ноњия ба соњаи кишоварзї 40,5 миллион сомонї (48,5%) ва ба ањолї 42,9 миллион сомонї рост

меояд. Дар нимаи якуми сол дар ноњия ба маблаѓи умумии 83,5 миллион сомонї мањсулоти кишоварзї ва ба андозаи 6,5 миллион сомонї мањсулоти саноатї истењсол шудааст.

ЊАМАДОНЇ. 58 НАФАР БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ЉАЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ ВИЛОЯТИИ МУСОИДАТ БА БАРЎЙХАТГИРИИ АЊОЛЇ Дар шањри Бохтар љаласаи якуми комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии ањолї тањти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Раљабалї Раљабов баргузор гардид. Дар ин љаласа аъзои комиссия – роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї, инчунин муовинони якуми раисони шањру навоњии вилоят ва масъулони шуъбањои омор ширкат доштанд. Муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов таъкид кард, ки барўйхатгирии навбатии ањолии љумњурї соли 2020 дар назар аст ва барои дар сатњи зарурї доир намудани ин маъракаи муњим бояд тамоми маќомоти дахлдори шањру навоњии вилоят љиддан омодагї бинанд. Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон Заррина Давлатзода зимни баромадаш зикр кард, ки на њамаи шањру навоњии вилоят номи кўчањо, раќами хонањоро дар манзилњои мањалњои шањрї ва дењањои калон ба тартиб даровардаанд, њол он ки ин кор яке аз шартњои омодагї ба маъракаи барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил мебошад. «Тибќи наќшаи тасдиќшудаи чорабинињои комиссияи мусоидати барўйхатгирии ањолии вилояти Хатлон маќомоти дахлдори давлатї дар мањалњо оид ба аниќ намудани номгўи мањалњои шањрию ноњиявї ва сарњадњои он, тартиб додани наќшаи схематикии мањалњои шањрї, дењањои калон ва харитаи маъмурии шањру ноњияњо корњои заруриро анљом

дињанд», - гуфт З. Давлатзода. Инчунин, гузаронидани корњои дурустї ва пуррагии бањисобгирии љории ањолие, ки дар хонањои истиќоматї ва дигар биноњои мањалњои шањрї зиндагї мекунанд, бањисобгирии мукаммали ањолї дар дафтарњои хољагињои ањолии љамоатњои дењот низ дар наќшаи тадбирњо пешбинї шудааст. Дар ин љаласа масъулони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Норак оид ба корњои анљомдодашуда ва рафти омодагї ба шумориши санљишии ањолї ва фонди манзил дар шањри Норак (ин шањр ба њайси шањри пилотї ё таљрибавї дар маъракаи омодагї ба шумориши ањолї интихоб шудааст) маълумот доданд. Муовини раиси вилояти Хатлон Раљабалї Раљабов таъкид намуд, ки фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил дар соли 2020» њанўз 12 октябри соли 2015 ба имзо расидааст ва масъулонро мебояд њаматарафа барои анљом додани ин маъракаи муњим омода бошанд ва омори барўйхатгириро тибќи талаботи муќарраршуда, мукаммал ва бенуќсон тањия созанд. Н. Мустафо, «Хатлон»

Бо маќсади мусоидат ба дарёфти љойи кори холї ба шањрвандони бекор ва таќвияти робитањои корї байни кордињандагон ва бекорон давоми сол 7 маротиба ярмаркаи љойњои кории холї ва вазифањои озод гузаронида шуд. Тибќи маълумоти шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолии ноњияи Њамадонї, дар натиљаи ин ярмаркањо 58 нафар сокинони ноњия бо љойи кор таъмин гардиданд. Њамзамон, 193 сокини ноњия ба омўзиши курсњои кўтоњмуддат аз рўйи касбњои чакандўз, адрасбоф, муњрабоф, барќчї ва асосњои омўзиши компютерї љалб карда шуданд.

ЛЕВАКАНТ. 30%-И ЛИБОСЊОИ МАКТАБЇ ОМОДА ШУД Коргоњи дўзандагии назди ЉДММ «Субњи Сарбанд», сехњои дўзандагии «Мадина», «Мунис», «Њалима» ва маркази адрасбофии «Шоњзамон»-и шањри Левакант бо муассисањои таълимї љињати дўхти сару либосњои мактабї 6637 адад шартнома баста, либосњои мактабиро дар њудуди шањр дўхта истодаанд. Тавре ки аз шањрдории Левакант иттилоъ доданд, то имрўз зиёда аз 40 њазор сомонї пешпардохт гардида, 30%-и либос дўхта шуд. Масъулини сехњои

дўзандагї тасмим гирифтаанд, ки дар ду баст фаъолият намуда, то 15 август дўхти сару либоси мактабиро пурра таъмин намоянд.

СОЊИБИ ЌИТЪАИ ЗАМИН ШУДАНИ 300 НАФАР ДАР КЎЛОБ Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб дар солњои 2016-2017 ва нимаи аввали соли 2018 ба наздики 300 нафари маъюб ќитъањои замини наздињавлигї људо карда, як ќисми онњоро бо сертификати њуќуќи истифодаи замин ройгон таъмин намудааст. Ин хабарро дафтари матбуотии шањрдории Кўлоб тасдиќ карда, афзуд, ки «Маркази хизматрасонии иљтимої дар хона»-и шањри Кўлоб ба шахсони дар њолати душвори зиндагї ќарордошта, алалхусус маъюбон, пиронсолон, шахсони яккаву танњо, ятимони кулли бесаробон, иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, кўдакони имконияташон мањдуд аз оилањои камбизоат 26 намуд хизмати ройгони иљтимої мерасонад. Ба кўдакони имконияташон мањдуд низ дар ин муддат 3685 маротиба машѓулият гузаронида, 4063 маротиба бо волидайну омўзгорон ва табибоне, ки бо онњо сару кор мегиранд, суњбату омўзишњо доир карданд.

АЗНАВСОЗИИ РОЊЊОИ МАЊАЛЛЇ ДАР МУЪМИНОБОД Дар ноњияи Муъминобод роњњои дохилї ва роњравњо навсозї гардида, марњилаи якуми он то охири моњи августи соли равон ба итмом мерасад. Ба ќавли муњандиси ЉДММ «Хайру Неъмат»-и шањри Кўлоб Нуралї Тўраев, тибќи лоиња, роњњои дохилии ноњия дар масофаи 1 км 350 м ва пањнои 13 м навсозї гардида, бо новаи оњану бетонї насб карда мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, маблаѓгузории таъмири роњњо аз љониби Дирексияи сохтмони иншооти њукуматии Дастгоњи

иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон роњандозї гардида, сари ваќт таъмин мегарданд. Айни њол 7 техникаи муосир ба кор сафарбар карда шуда, корњои навсозиро аз марњилаи якум шурўъ намудаанд. Ба кори навсозии роњњо 15 коргари мањаллї љалб гардида, бо музди мењнати сариваќтї таъмин мебошанд.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


2

ХАТЛОН

панљшанбе, 26 июли соли 2018, №28 (3165)

Озмун

Аз дафтари Роѓун Бо маќсади инъикоси корнамоии фотењони НБО “Роѓун” ва рафти корњои сохтмонї дар он ба мањалли ин иншооти аср роњ пеш гирифтам. Ба ин мањаллаи зебою дилрабо расида, аз тамошои дењоти он, аз дидани табиати афсунгари он рўњи тоза гирифтам. Кўчањои сердолу дарахт, ќатортеппањое, ки дар дуродур сўи ќаторкўњњои азим тўл кашидаанд, њар љо-њар љо дарахтони азими дар домани кўњњо рўида, манзараи кўњистонро зебою дилфиреб кардааст.

Дар талоши Нур Аз баландї дарёи ором намудор буда, сарбанди неругоњи бузурги асри XXI чандон калону назаррас наменамояд. Оби ором маънои онро дорад, ки оби дарё оњиста-оњиста дар Сарбанд љамъ шуда, бо гузашти солњо ва ба кор оѓоз кардани агрегатњои нахустин обанбор низ калонтару бузургтар мешавад. Дар даромадгоњи маъмурияти сохтмон кас шиору плакатњо, эълонњои зиёдеро мебинад, ки дар бораи кори њар як участкаи сохтмон, талаботњои он вобаста ба шароити имрўза маълумот медињанд... Корхонањои хурду бузурги зиёде дар ин сохтмони азими аср фаъолият доранд. Муњандисони хориљї њам даъват шудаанд. Аз кори одитарин то мураккабтарин аз рўйи лоиња сурат гирифта, бо сифати аъло анљом дода мешавад. Назорат ба њамаи намуди корњо: бетонхобї, кафшергарї, рехтагарї ва ѓайра ќатъї аст. Охири рўзи корї тибќи лоиња сифати корњои иљрошуда аз љониби мутахассисон санљида мешавад. Ќањрамони мо Раљабалї Сайдалиев соли 2010 ба фирмаи “Ориёно”-и Роѓун ба кор омад. Экскаваторчии таљрибадор буда, то ба Роѓун омаданаш дар калонаи механиконидашудаи сайёри раќами №6-и ноњияи Вахш фаъолият дошт. -Роѓун майдони корнамоињои бузурги асри XXI аст,-мегўяд бо камоли шодмонї ва сарфарозї Раљабалї Сайдалиев.- Ин иншооти нодир ва бузурги аср ќањрамонони навро ба майдон меоварад. Мо њам бо нияти неку азми љавонї кор карда истодаем. Чуноне ки шоир дар васфи љавонон фармудааст: Њоло, ки ман љавонам, дунё пур аз љавонист, Њар љо, ки по гузорам, он љо пур аз љавонист. Ёд доред, дар замони Шўравї њам ба муњимтарин сохтмонњои давр, ба монанди шоњроњи асри XX-БАМ, маъракаи љамъоварии ѓаллаи Ќазоќистон ва ѓайра љавононро даъват мекарданд. Солњои сиюм дар панљсолаи нахустин барои сохтмони зарбдори умумииттифоќии “Вахшстрой”, азхудкунии заминњои бекорхобидаи водии Вахш аз тамоми гўшаю канори собиќ Иттифоќи Шўравї мутахассисон ва коргаронро ба кор даъват мекарданд. Барои Роѓун њам соњибкасбони соњањои гуногун заруранд. Роѓунро тамоми Тољикистон месозад. Љавонем ва љавонмардоне, ки ќалби пок, шуљоату мардонагї, нангу номуси ватандорї доранд, бо амри дил ба Роѓун омада, аз замири дил мењнат мекунанд. Бузургтарин сохтмонњои асрро љавонон бо азми љавонї бунёд кардаанд. Алї Мўсавї, сарвари фирмаи “Ориёно”, аз Давлати исломии Эрон аст. Ў ба кори экскаваторчиён, ки ба омодасозии наќбњо вобастаанд, диќќати њамарўза дода, сифати кори экскаваторчиёну булдозерчиён, мошинњои пуриќтидори МАЗ-и боркаш ва

дигар механизмњои фаъолияткунандаро санљида, бањо медод. - Ташаккур, Сайдалиев, - аз кори экскваторчї ќаноатмандї изњор кард Алї Мўсавї. -Имрўз сифати корат аз дирўза њам бењтар. Роѓун ифтихори Тољикистон аст. Њар як муњандис ва коргар инро ба хубї эњсос мекунад. Агрегатњои нахустини неругоњ хушсифат ба истифода дода мешаванд. Корзори мењнатї дар дохили наќб њам дар ављ аст. Иќдомњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон на танњо ба сохтмончиёни Неругоњи барќии обии Роѓун, балки ба тамоми мардуми кишвар рўњу илњом бахшид. Роњбари дав-

лат худ паси чамбараки булдозер нишаста, ба рафти љараёни об сангу шаѓал рехта, маљрои онро таѓйир дод. Ин лањзаи таърихї ва фаромўшнопазир дар таърихи сохтмони Неругоњи барќи обии Роѓун буда, бо њарфњои заррин сабт мегардад. Дар дохили наќб набзи мењнат метапад. Экскаватори Раљабалї Сайдалиев беист кор карда, ба камазњои гуногунтамѓа, ки дар навбат истода буданд, сангу шаѓал бор мекард. Хайрулло Сафаров, экскаваторчии дуюм аз ваќт самаранок истифода бурда, ба мошинњои гуногунтамѓаи боркаш сангу шаѓал бор карда, суръати корро метезонданд. Нисфирўзї барои экскаваторчиён, механизаторон, булдозерчиён, наќбканон, бетонрезон, арматурбандњо, ќолаббандњо, хулоса барои њамаи кормандон дар сари кор аз љониби корхона хўроки гарм оварданд. - Биёед, бачањо, хўроки гармро оварданд, - њамкоронашро ба тановули нисфирўзї даъват кард экскаваторчї Холназар Сариков. -Баъди тановул бо неруи нав корро идома медињем. - Ба иљрои наќшаи имрўза боз чї ќадар сангу шаѓал канданат лозим? - пурсид Раљабалї Сайдалиев. - Ман наќшаи имрўзаамро иљро кардам, - посух дод Холназар Сариков. Мисли дирўза ду баробари наќша корамро иљро мекунам. Ќавлу вафо гуфтаанд. - Ањсан! - бо шодмонї гуфт Сайдалиев, - аз ин мењнат њам

мукофотпулї мегирам гўй. -Гап дар ин њам не, - посух дод Холназар. - Тамоми мардуми мењнатпарасти кишвар интизори ба фаъолият оѓоз кардани њар як агрегати “Роѓун” аст. Охир, баъди сохтани ин иншооти нодир на танњо Тољикистон пурра бо барќ таъмин мешавад, балки як ќисми ин ба хориљи кишвар интиќол дода мешавад, ки аз он кишвар даромад мегирад. - Бобои ман Бароталї Сайдалиев, - гуфт дар љавоб Раљабалї, - дар бунёди силсиланеругоњњои барќи обии Сарбанд, Шаршара ва Марказї ба сифати сардори бетончиён иштирок кардааст. Ман анъанаи бошарафи неругоњсозии бобоямро идома дода истодаам.

Падарам Сафар Сайдалиев умре экскаваторчї аст. Дар ваќташ сазовори мукофоти Кумитаи марказии комсомоли љумњурї ва иттифоќ гашта буд. Њамкасби ў Мирзошариф Мирзомуродов бошад, депутати Совети Олии СССР, муовини раиси Шўрои миллатњои собиќ Иттињоди Шўравї гардид. Хулоса, онњо дар сафи номдорон буданд. Анъанаи пуршарафи онњоро бояд мо - љавонон давом дињем. Шоири мањбуб Лоиќ Шералї дар шеъри “Љавонии падарон” басо хуб гуфтааст: Ќонунгари даврон пур аз шўру шарар буд, Дар даст калиди њама бобу њама дар буд. Омода ба њар амри ватан-марди сафар буд, Рахшанда ба каф машъала бигзашт љавонї, Аз роњи замон бегила бигзашт љавонї. Тољикистон бо бунёди Неругоњи барќи обии Норак бо сарбанди баландиаш дар љањон шуњрат ёфта буд. Неругоњи барќи обии Роѓун њам шарафи кишвари азиз буда, дар миќёси олам мамлакати моро машњур хоњад кард. Дарёњои Сурхобу Хингоб якљоя шуда, дарёи пуртуѓёни Вахшро ташкил додаанд. Сохтмони Неругоњи барќи обии Норак аз соли 1960 оѓоз ёфта, соли 1979 анљом пазируфт. Дар Норак “Эстафетаи коргарї” ташкил ёфта, ба кор вусъати тоза бахшид. Неругоњи барќи обии Норак бо иќтидори 3000 мвт яке аз неругоњњои калонтарини Осиёи Миёна буда, њисоби миёнаи

Муаллим равшангари дилњо ва чароѓи маърифат аст «Омўзгор дар раванди таълиму тарбия њуќуќи хато карданро надорад, зеро таќдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату љомеа дар дасти ўст». Эмомалї Рањмон Муаллим, устод, омўзгор. Чун ин мафњумњоро ба забон меорем, дар пеши назар чењраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми њаёти хешро бањри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат бањор лозим бошад, пас бањри саводнок шудану ба роњи рост рафтани инсоният муаллим наќши калон дорад. Њељ кас аз батни модар оќилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рўдакиро чун шоири шоирон, њаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоњнома», Айнї, Лоиќ, Турсунзода, Мењмон Бахтї, Аскар Њаким, Фарзона, Кароматулло Мирзоев ва дигар адибони љовидон ба камол расонид. Муаллим равшангари дилњо ва њидоятгари роњи рост дар зиндагї мебошад. Агар он зањматњои устод намебуд, њама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегарднд. Чуноне, ки гуфтаанд: Расад љон бар лаби бечора устод, Ки њарферо ба шогирде дињад ёд. Аз рўзи аввали ба мактаб ќадам мондан муаллим моро бо рўйи кушоду чењраи хандон истиќбол мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоќи њамидаи инсонї ва гуфтору рафтори одамиро меомўзонад. Пас аз чанд сол устод бо њамон чењраи кушод моро ба зиндагии мустаќилона мегуселонад. Муаллим њамеша кўшиш менамояд, ки шогирди хуберо барои љомеа ба камол расонад.

Барои ин ў чї ќадар нури чашмонашро аз даст медињад, мўйи сарашро сафед мекунад, вале боре њам шикоят накарда, ба кори худ содиќ мемонад. Пас, мо-шогирдонро мебояд њамаи зањматњои кашидаи устодонро пос дорем ва корњоеро ба сомон расонем, ки устодон аз мо бифахранд. Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соњибрисолат аст. Муаллим барои соњибмаърифатии ањли љомеа, соњибтамаддунї, худшиносї, худогоњї хизмат кардааст. Муаллим бо аќл, бо хирад, бо тањаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва зањмат ба харљ медињад, то наслро ба камол расонад. Насли одї не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоњ, љомеасоз. Он љое, ки муаллим ќадам мегузорад, эњсос карда мешавад, ки пешорўйи ў дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он љое, ки нур аст, шароиту имконияте аст, ки мардум аз он бањраманд шаванд. Муаллим ѓарќи дарёи дониш, муаллим ѓарќи анбуњи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим њамќадаму њамнафаси ќаламу дафтару китоб аст. Муаллим кўшиш ба харљ медињад, солњои тўлонї меомўзад, то бањри љомеа насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соњиби андеша, соњиби андарз, соњиби панду њикмат аст. Сарчашмаи њамаи хушињо, ободии њамаи мањфилњо, бузург гардидани њамаи шогирдо-

солонаи неруи барќ ба 12 миллиард квт мерасад. Силсиланеругоњњои барќи обии дарёи Вахш кишварро бо ќувваи барќ таъмин мекунад. Неругоњи барќи обии Бойѓозї соли 1985 ба системаи барќии љумњурї дохил шуда, бо 4 хатти барќгузар шањрњои Душанбе ва Ёвонро бо ќувваи барќ таъмин менамояд. Иќтидори неругоњи барќи обии “Сангтўда-1” 670 мвт-ро ташкил медињад. Имрўзњо силсиланеругоњњои дарёи Вахш, Норак, Бойѓозї, “Сангтўда-1”, “Сангтўда-2”, Сарбанд, Шаршара, Марказї дар хизмати мардум буда, ба мамлакат равшанї мебахшад. Аз рўйи маълумотњо кишвари мо имрўз ба љињати захираи ќувваи барќ дар љањон љойи сеюмро ишѓол менамояд. Мувофиќи наќша Неругоњи барќи обии Роѓун яке аз неругоњњои калонтарин ва нодиртарин дар Осиёи Миёна ба њисоб рафта, бунёди он ифтихори мост. Бо сохтмони ин иншооти гидроэнергетикї дар рушду тараќќиёти кишвар марњилаи нав оѓоз меёбад. Садои “БелАЗ” - њои пуриќтидор баланд гардид. Экскаваторчиён боз ба кори худ сар карданд. Ќатори мошинњои “БелАЗ”-и пур аз сангу шаѓал аз дохили наќб баромада, ќисми дигараш дохили он мегардид. Ќисме аз коргарон ба иљрои корњои сохтмонию васлкунї машѓул буданд. Ба кори сохтмончиён нигариста кас њис мекунад, ки ин мутахассисон мардони њаќиќї, фидоиёни миллатанд. -Мо, экскаваторчиён,-мегўяд Раљабалї Сайдалиев,-мувофиќи лоиња наќбро меканем. Баъди мо арматурбандон, бетонрезон, ќолаббандон, монтажчиён, танзимгарон корро давом медињанд. Муњандиси эронї Фаромаѓзї кори њаррўзаи экскаваторчиёнро муайян карда, охири рўз онро мутобиќи талаботи лоиња ќабул мекунад. Ин љо ягон намуди кор дуюмдараља њисоб наёфта, инро аз коргари одї то роњбар дарк карда, бо њисси масъулият ва амри виљдон онро амалї месозанд. -Кор дар Неругоњи барќи обии Роѓун ба ман писанд аст,бо камоли ќаноатмандї мегўяд экскаваторчї Сайфулло Рањимов. Моње аз 2700 то 3000 сомонї маош мегирем. Се ваќт бо хўрок, љойи хоб, сару либоси корї таъминем. Рўзњои истироњатро хуш мегузаронем. Санъаткорон тез-тез мењмони коргарон мешаванд. Њамкоронам, экскаваторчиён Сайфулло, Мањмуд, Мансур, Хайриддин бо кори шоиста номвар гашта, маоши хуб ва дар муњлатњои муайян мукофот мегиранд. Мо дар ширкати эронии “Хокрут” фаъолият дорем. Масъули кор Алї Аскарї (Эрон) аз кори мо ќаноатманд аст. Муњандисону коргарон кўшиш доранд, ки агрегатњои нахустинро дар муњлатњои муайяншуда ба кор омода созанд. Дар сохтмони Неругоњи барќи обии Роѓун ширкатњои зиёди гуногун фаъолият дошта, барои таъмини пешрафти кор аз усулњои пешќадами замонавї истифода мебаранд. Масъулини ширкатњои “Ориёно” ва “Хокрут”-и Эрон кўшиш доранд, ки наќшањои пешбинишударо сари ваќт ва бо сифати баланд иљро намоянд. Инсонњое, ки шараф, номус, аќлу хирад, њиммату љасорат доранд, сарбаландию сарфарозии худро дар мењнат, мењнати пурсамар ба нафъи халќу ватан медонанд. Раљабалї Сайдалиев аз зумраи њамин гуна инсонњои мењанпарасту равшанзамир аст. Боймурод САЙДАЛИЕВ, Бохтар-Роѓун-Бохтар

ни баркамол, мањз мењнати устодон-омўзгорон мебошад. Омўзгорон вазифаи нињоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомўзанд, ки чандон кори осон нест. Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омўзгорї касби нињоят пуршараф аст ва омўзгор касест, ки њамеша дар љустуљўи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию љамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонї муяссар намешавад. Чандон осон нест аз тифле, ки аз олами маънї хабаре надорад, олиме сохт. Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани њар як шогирдаш кўшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрўманд мегардад, бевосита аввалиндараља номи муаллимашро мегирад. Сарвари маорифпарвари мо, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон имрўзњо маорифро соњаи афзалиятнок шуморида, ќадру эътибори муаллимро боло бардоштаанд, ки ин бањои олї ба зањмати муаллим аст. Хулоса, омўзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароѓи аќл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифї мекунад. Дењќону муњандис, духтуру шоир њама парвардаи оѓўши бињиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагї бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ў аз пешрафт, комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омўзгорон дар хидмати халќу ватан ќадр доранд. Эњтироми муаллим вазифаи муќаддаси њар як фарди бонангу номуси ватан аст. Муњаббат Рањматова, омўзгори МТМУ №14-и шањри Кўлоб

МАЌСАД - ИСТЕЊСОЛИ МАЊСУЛОТИ РАЌОБАТПАЗИР

Дар шањри Бохтар бо ташаббуси Агентии «Тољикстандарт»-и вилоят якљоя бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни љумњуриявии «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин» баргузор гардид. Дар озмун соњибкорону намояндагони корхонањои саноатї, њунармандони мардумї, ошхонаву тарабхона ва мењмонхонаву дигар марказњои хизматрасонїѓолибони даври аввали озмун дар сатњи шањру ноњияњо ширкат варзида, намунаи мањсули кору хизматрасонии хешро ба намоиш гузоштанд.

миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад, ки соњибкорї дар мамлакат рушд ёфта, шурўъ аз соли 2009 бо иќдоми Агентии «Тољикстандарт» оид ба бењтар кардани вазъи хизматрасонї ва сифатан хуб шудани мањсулоти ватанї озмун тањти унвони «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон» миёни корхонањои саноатї баргузор мегардад». Ба иттилои номбурда, дар вилояти Хатлон соњибкорону истењсолотчиёни ватанї дар партави дастуру супоришњои созандаи Сарвари давлат бунёди садњо корхонаи саноатиро, ки ба рушди истењсолот мусоидат менамоянд, вусъат бахшида, бањри истењсоли мањсулоти раќобатпазиру љавобгў ба талаботи стандартњои љањонї талош меварзанд. Дар фарљоми озмун молу мањсулот ва хизматрасонии бењтарини соњибкорони вилоят муайян гардида, аз љониби нињодњои дахлдор бо диплому сипосномањо ќадрдонї шуданд. 26 нафар бењтаринњо барои иштирок дар даври љумњуриявии озмун роњхат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки њадафи асосии баргузории озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон», пеш аз њама, мусоидат ба истењсоли мањсулоти раќобатпазир ва љавобгў ба талаботи бозори љањонї, дастгирии соњибкории хурду миёна, истењсоли мањсулоти воридотивазкунанда, муаррифии молу мањсулоти Љумњурии Тољикистон дар бозори љањонї вобаста ба талаботи Созмони умумиљањонии савдо мебошад. Муовини раиси вилояти Хатлон Умедхуља Зоирзода зимни суханрониаш ќайд намуд: «Баракати сулњу истиќлолият, дастгирии Њукумати љумњурї, бахусус Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои

ЉАЙЊУН. САЊМИ МАРДУМ ДАР КОРЊОИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГЇ ЗИЁД МЕГАРДАД Дар Љамоати дењоти “Ќумсангир”-и ноњияи Љайњун имрўзњо сохтмони якчанд иншооти таъиноташон гуногун бо дастгирии мардуми мањаллї оѓоз гардида, масъулин кўшиш доранд, ки то љашни 30солагии Истиќлолияти давлатї мавриди истифода ќарор дињанд. Сохтмони 10 синфхонаи иловагї бо тарњи замонавї барои 640 нафар хонанда дар њаљми 32 њазор сомонї ва азнавсозии кўпруки мошингузари Љамоати дењоти “Ќумсангир” ба маркази ноњия бо маблаѓи 18 њазор сомонї аз љумлаи он иншоотњое

мебошанд, ки айни њол корњои созандагиаш бо маром идома дорад. Њамчунин бинои кўдакистон барои беш аз 50 нафар дар љамоат тавассути њашари дастаљамъонаи сокинон аз таъмири љорї бароварда шудааст. -Воќеан, мардуми мањалла

имрўзњо дарк намудаанд, ки бунёду ободкорињо дар минтаќа, пеш аз њама, ба нафъи худи онњо ва фарзандонашон мебошад,- мегўяд муовини раиси Љамоати дењоти “Ќумсангир”-и ноњияи Љайњун Зоир Идиев. - Аз ин рў, имрўзњо онњо дастуру супоришњои Президенти кишварро сармашќи кори худ ќарор дода, ният доранд, ки боз роњи мошингарди дењаро бо кўмаки соњибкорони мањаллї мумфарш намоянд.

«ЁСИН» ДУБОРА ФАЪОЛИЯТ ОЃОЗ КАРД ЉДММ «Ёсин» ягона корхонаи хиштпазї дар ноњияи Ёвон ба њисоб рафта, имрўзњо талаботи сокинони ноњия ва гирду атрофи онро бо ин навъи мањсулоти сифатан аълою нархи дастрас ба ањолї таъмин мегардонад. Бояд гуфт, ки корхонаи мазкур дар ноњия як муддат аз фаъолият боз монда, инак, дубора бо љалби 21 нафар коргар дар як шабонарўз бо њаљми 20 њазор

дона хишти пухта кори худро оѓоз намуд. Масъулин њадс мезананд, ки обу хоки ин диёр барои истењсоли њамин намуди мањсулот мутобиќ буда, назар ба солњои аввали фаъолияти коргоњ њаљми истењсоли хишт афзоиш ёфтааст. Мањз ин шароит барои онњо имкон фароњам овардааст, ки назар ба дигар корхонањои хиштбарорї сатњу сифати мањсулоти худро бењтар ва арзонтар намоянд. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»

ИЮЛ - МОЊИ ТРЕНИНГЊО ОИД БА ПЕШГИРИИ ЗЎРОВАРЇ ДАР ОИЛА мот гирифтанд. Ќисмати аъзами марњилаи нуњуми татбиќи Лоиња оид ба пешгирии Аз 16 то 21 июл зўроварї дар оила (PDV) дар Љумњурии Тољикистонро, ки бо дастгирии модар Хуљанд, Панљакент, лиявии њукумати Швейтсария амалї мешавад, чорабинињои бахшида ба Айнї, Истаравшан, Затањкими зарфиятњои тамоми маќомоти ба мубориза алайњи хушунати фаробод ва Гулистон оилавї љалбшуда – мутахассисону намояндагони сохторњои давлатии силсилаи омўзишњо оид ба татбиќкунандаи Ќонун «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила» таштакмили мањорати касбии кил медињанд. ходимони ВКД бо иштироки намояндагони тамоми навоњии Моњи июли соли љорї дар рои њуќуќшиносони марказњои вилояти Суѓд гузаронида шуд. њамдастї бо ВКД, Вазорати маозахиравї-иттилоотї-машваратии Њадафи аслии ин омўзишњо боло риф ва илм, Вазорати тандурустї назди маќомоти иљроияи бурдани сатњи огоњии гендерии ва њифзи иљтимоии ањолї, Кумињокимияти давлатии вилояти кормандони маќомоти њифзи таи кор бо занон ва оилаи назди Хатлон дар мавзўи «Расонидани њуќуќ, мусоидат ба инкишофи маЊукумати Љумњурии Тољикистон, кумаки њуќуќї ба љабрдидагони лакаи расонидани кумаки авваКумитаи кор бо љавонон ва варзўроварї дар оила: аз назария ба лия ба зарардидагон аз зўроварї зиши назди Њукумати кишвар ва амалия» тренинг гузаронида шуд. дар оила мебошад. Дар њамин маќомоти иљроияи њокимияти Дар ин омўзиш намояндагони 18 давра кормандони соњаи маоридавлатии вилояти Хатлон силсимарказ (аз љамъи 26 марказ) ширфи шањри Хуљанд низ аз тренинги лаи тренингу семинарњо барои кат варзиданд. Дар љараёни третакмили ихтисос гузаштанд, ки ба омўзишу баррасии масъалањои зўроварї дар оила ва пешгирии он бахшида шуда буд. 18 июл дар Хуљанд семинар дар мавзўи «Ташкили њамкории байниидоравї ва наќши љомеаи шањрвандї дар пешгирии зўроварї дар оила» барои кормандони воњидњои сохтории Кумитаи кор бо занон ва оила дар навоњии вилояти Суѓд доир гардид. Дар ин чорабинї стратегия оид ба њамоњангсозии таѓйирот дар муносибати ањолї ба масъалаи хушунати хонаводагї ва татбиќи ин санад дар солњои наздик баррасї шуд. мутахассисони воњидњои сохнинг муќаррароти Ќонун «Дар Аз 9 то 21 июли соли 2018 дар тории ин нињодњо дар шањрњои бораи пешгирии зўроварї дар шањри Хоруѓ низ барои корманДушанбе, Хоруѓ, Хуљанд ва оила», љанбањои расонидани ёрии дони иљтимої ва тиббии шањру ноњияњои вилояти Хатлон баргуњуќуќї ба зарардидагон аз хушунавоњии ВМКБ тренингњо барпо зор гардиданд. нати оилавї ва љалби мутахассигардиданд, ки дар љараёни он ба Аз он љумла, рўзњои 2-4 июл сони дигар ба њалли мушкилоти таври муфассал масъалањои водар бинои Академияи ВКД-и љабрдидањои зўроварї дар оила баста ба зўроварї дар оила ва пойтахти мамлакат тренинги мавриди омўзиш ќарор гирифт. таъсири он ба вазъи саломатии омодасозии тренерон оид ба ак6-7 июл дар шањри Душанањолї, наќши корманди тиббї суламали кормандони милитбе тренинг оид ба омодасозии дар пешгирї ва аксуламал ба сия ба њолатњои зўроварї дар тренерон аз њисоби кормандони оила доир шуд. Иштирокдорони Кумитаи кор бо љавонон ва вархушунат мавриди муњокима омўзиш бо усулњои пешгирї ва зиши назди Њукумати Љумњурии ќарор гирифтанд. Таваљљуњи аксуламал ба њолатњои хушунаТољикистон доир гардид, ки дар хос ба масъалаи муносибат бо ти хонаводагї, инчунин додани љараёни он кормандони кумита мурољиаткунандагони зарардиамрномаи њимоявї мутобиќи дар бораи сабабу пайомадњои да аз зўроварї дар оила ва дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон хушунати хонаводагї, инчунин навбати аввал ба инобат гириф«Дар бораи пешгирии зўроварї љанбањои тарбияи љавонон дар тани манфиати онњо, ки ба риояи дар оила» шинос шуданд. рўњияи њифзи оила ва роњ надоњуќуќи инсон асос меёбад, дода 6 июл дар шањри Бохтар бадан ба зўроварию табъиз маълушуд.


И Аз нишастњо матбуотї НИСБАТ БА РОЊБАРОНИ БЕМАСЪУЛИЯТИ МУАССИСАЊОИ ТИББЇ ЧОРА АНДЕШИДАНД Дар нимаи якуми соли 2018 аз тарафи мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон дар 100 муассисаи фармасевтї, 55 муассисаи соњаи тандурустї ва 57 нуќтаи фурўши маводњои ороишию гигиенї, ѓизои кўдакона ва иловагињои фаъоли биологї санљишњои назоратї гузаронида шуд. Мањмадљон Абдулќодирзода, сардори сарраёсати мазкур, бо тасдиќи ин хабар дар нишасти матбуотї гуфт, ки дар натиљаи гузаронидани санљишњо 1400 протоколи њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб дода шуда, маблаѓи умумии љаримањо ќариб 268 њазор сомониро ташкил дод. Аз дорухонањо ва муассисањои табобатию пешгирї 192 номгўй ба миќдори 1464 адад маводи дорувории муњлати истифодабариашон гузашта ё ба талаботи санадњои меъёрию њуќуќї љавобгўнабуда аз муомилот гирифта шуд. Вазни умумии ин мањсулоти доруворї 4451 кг ва маблаѓи умумиашон 443 485 сомониро ташкил медињад. - Дар 6 моњи аввали соли 2018 аз тарафи мутахассисони Сарраёсат дар муассисањои табоба-

тию пешгирии сохтори давлатї 16 санљиши наќшавї, 10 санљиши ѓайринаќшавї, 6 санљиши такрорї гузаронида шуд, - идома дод М. Абдулќодирзода. - Дар натиљаи санљиш 53 адад протоколи њуќуќвайронунунии маъмурї ба маблаѓи умумии 54750 сомонї таъин ва ба буљаи давлат ситонида шуд. Дар рафти санљишњо 11 шахси мансабдори муассисањои талаботию пешгирии сохтори давлатї (менељерони СГ-и ноњияи Хуросон Т. Гулов, шањри Норак Ќањњорзода, ноњияи Вахш Обидљонов М., Беморхонаи №4-и ноњияи Вахш Љ. Раљабов, муовини СГ-и ноњияи Панљ С. Ёров, менељерони КАТС-и шањри Норак Ш. Саидов, муовини КАТС-и шањри Бохтар Касиров, директорони МСР-и ноњияи Панљ Д. Кенљаева, ноњияи Љ.

Балхї Б. Умарова, шањри Норак С. Ањматшоева, муовини роњбари Маркази беморињои дили вилоят С. Шарипов) барои камбудињо дар фаъолияташон ба муљозот кашида шуданд ва маблаѓи умумии љаримањо нисбати шахсони мансабдор 13500 сомониро ташкил дод. Дар ин давра аз тарафи сарраёсат љињати чораљўї нисбати 12 шахси мансабдори муассисањои тиббї ва мутасаддиён барои номуносиб будан ба вазифаи ишѓолнамуда пешнињод ирсол гардида, талаб карда шуд, ки дараљанокии касбии А. Шайманов - мудири шуъбаи кўдаконаи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воњидов паст карда шавад. Њамчунин, нисбати 41 нафар мудирони шуъба, табибон љињати риоя накардани талаботи Кодекси тандурустии Љумњурии Тољикистон протоколњои њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб дода шуд. Маблаѓи умумии љаримаи онњо ба 40250 сомонї баробар шуд.

РАЁСАТИ ФАРЊАНГ РЎЙХАТИ КОМИЛИ ЊУНАРМАНДОНИ ВИЛОЯТРО ТАРТИБ ДОД Феълан дар вилоят бинои 28 муассисаи толорї, 25 китобхона ва 4 осорхона таъмирталаб буда, биноњои 6 муассисаи толорї, 5 китобхона ва 5 осорхона дар њолати садамавї ќарор доранд. Бурњониддин Раљабов, сардори Раёсати фарњанги вилояти Хатлон, бо ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки айни њол дар вилояти Хатлон 502 китобхонаи оммавї, 313 муассисаи клубї, 19 осорхона, коллељи санъати ба номи К. Ќурбонови шањри Кўлоб, 29 мактаби санъат ва мусиќї, мактаби рассомии шањри Кўлоб, 21 боѓи фарњангию фароѓатї, 3 театри касбї, 5 театри халќї, 3 филармонияи халќї дар ноњияњои Њамадонї, Восеъ ва Бохтар, 581 ёдгории таърихї, 3 ансамбли касбї, 11 ансамбли халќии тарона ва раќс дар хизмати шањрвандон ќарор доранд. Дастгирии моддї барои нигоњдорї ва ободонии боѓњои фарњангї-фароѓатї 2 милллиону 203 њазору 300 сомонї, баргузории чорабинињои клубї ва хариди сару либос 285255 сомонї, таъмиру сохтмони ќасру клубњо 43 миллиону 658 њазор сомонї, осорхонањо 306328 сомонї, ансамблњо 59000 сомонї, театрњо 157690 сомонї, мактабњои санъат ва мусиќї 181900 сомонї ва китобхонањо 2 миллиону 14032 сомониро ташкил медињад. - Имрўз дар муассисањои фарњангии вилояти Хатлон 3534 нафар, аз љумла 513 нафар ба маълумоти олии тахассусї, 391 нафар бо маълумоти олии умумї, 125 нафар бо маълумоти олии нопурра, 799 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси соњавї, 221 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси ѓайрисоњавї, бо маълумоти

миёнаи умумї 626 нафар ва 858 корманди техникї фаъолият мекунанд, - идома дод Б. Раљабов. Њамзамон, дар нимсолаи гузашта фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон тањти унвони «Сайри китоб», озмуни љумњуриявии «Библиомарафон» тањти унвони «Њамнишине бењ аз китоб махоњ» ва фестивали љумњуриявии рассомони љавон бо номи «Тољикистонкишвари афсункор» дар миќёси вилоят баргузор гардид. - Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон ба рушди соњаи сайёњї диќќати љиддї зоњир намуда, дар баробари муаррифии таъриху фарњанг, инчунин табиати бињиштосо, набототу њайвонот, иќлим, чашмањои мусаффо, обњои шифобахшу мевањои шањдбори Тољикистонро ба инобат гирифта, соли 2018-ро Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон намудаанд, - зикр кард Б. Раљабов. - Кормандони Маркази илмї-фарњангии назди Раёсати фарњанги вилоят дар ин давра рўйхати пурра ва китоби њунармандони вилояти Хатлонро дар њаљми 80 сањифа аз чоп бароварданд. Дар ин давра дар асоси иљозатномаи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон як гурўњ бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши Акедемияи илмњо дар ќалъаи «Лаѓмон» ва дигар мавзеъњои таърихии ноњияи Љалолиддини Балхї корњои тањќиќотию бостошиносї гузаронида, дар натиља якчанд нигораи таърихиро дарёфт ва ба осорхонаи марказии ноњия ворид карданд.

МУШКИЛИ НОРАСОИИ ДАСТГОЊИ ТОМОГРАФЇ БАРТАРАФ МЕШАВАД «То љамъбасти 9-моњаи соли равон масъалаи бакорандозии дастгоњи томографї дар маркази маъмурии вилоят – шањри Бохтар њалли худро дармеёбад», - чунин ваъда дод сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Сайдулло Маллазода дар нишасти матбуотии худ. Зикр гардид, ки барои таъмиру бакорандозии дастгоњи томографии азкормонда дар бемористони вилоятии ба номи Б. Воњидов харљи ќариб 300 њазор сомонї зарур аст. Сардори Раёсати тандурустї њамчунин хабар дод, ки дар зарфи 6 моњи гузаштаи соли љорї 12 бунгоњи саломатї ва 2 Маркази саломатии дењотї бо маблаѓи 2 миллиону 500 њазор сомонї ба истифода дода шуд. «Бо дастгирии

Њукумати Љумњурии Тољикистон ба сохтори госпиталии ноњияи Панљ бо маблаѓи 32 853 сомонї, Темурмалик бо маблаѓи 32 585 сомонї ва Шањритуз бо маблаѓи 32 853 сомонї аз љониби Сафоратхонаи Њиндустон наќлиёти ёрии таъљилї дастрас гардид. - Маблаѓгузории соњаи тандурустии вилояти Хатлон дар 6 моњи соли 2018 ба андозаи 178 миллиону 292 њазор сомонї пешбинї гар-

- Дар моњњои январ – майи соли 2018-ум њаќќи мењнати кормандони соњаи кишоварзї ва шикор 474 сомониро ташкил дод, ки аз њисоби миёнаи вилоят 45,4 фисад кам мебошад, - зикр кард Заррина Давлатзода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон. - Инчунин, музди кормандони соњаи саноати истихрољи маъданњои кўњї 1908,76 сомонї, соњаи неруи барќ, газ ва таъминоти об 2059,13 сомонї ва соњаи сохтмон 1217,14 сомониро ташкил медињад. Дар байни шаклњои моликияти бахши хизматрасонї музди миёнаи кори кормандони молия, ќарзгузорї аз њама зиёд аст, ки он дар нимсолаи якуми соли равон ба 2121,6 сомонї баробар буд. Дар вилоят маблаѓи умумии ќарздорї аз пардохти музди кор бо назардошти солњои гузашта

ХОНАНДАГОНИ 43 МУАССИСА АЗ НОИЛОЉЇ ДАР СЕ БАСТ ТАЊСИЛ МЕКУНАНД - Имрўз яке аз мушкилоте, ки пешорўйи соњаи маорифи вилоят меистад, дар се баст фаъолият намудани баъзе аз муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањру ноњияњои вилояти Хатлон мебошад, - зикр кард Д. Исозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, њангоми нишасти хабарї бо рўзноманигорон. Бино ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар шањру ноњияњои Кўлоб 4 адад, Вахш 5 адад, Восеъ 4 адад, Дўстї 2 адад, Хуросон 1 адад, Љ. Балхї 2 адад, Кўшониён 2 адад, А. Љомї 4 адад, Љайњун 10 адад, Њамадонї 1 адад, Фархор 5 адад ва Панљ 3 адад муассисањои тањсилоти умумї љараёни таълиму тарбия дар се баст ба роњ монда шудааст. - Дар муассисањои таълимии шањру ноњияњои вилояти Хатлон 707 њазору 155 нафар хонандагон, аз он љумла 338 њазору 183 нафар духтарон дар соли тањсили 2017 -2018 ба тањсил фаро гирифта шудаанд, - зикр кард Д. Исозода. - Тибќи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Прези-

денти Љумњурии Тољикистон, соли љорї 32 њазору 964 нафар хатмкунандагон ва 6 њазору 974 нафар хатмкунандагони солњои пешин, ки дар маљмўъ 39 њазору 938 нафарро ташкил медињанд, яъне 80,2%-и хонандагон аз ќайд ба имтињонњои марказонидаи дохилшавї барои соли 2018-2019 гузаштаанд. Дар нишасти хабарї њамчунин иттилоъ дода шуд, ки хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањру ноњияњои вилоят дар олимпиадањои љумњуриявї ва байналмилалї сазовори 36 медали тилло, 58 медали нуќра ва 86 медали биринљї гардиданд. Бояд ќайд намуд, ки дар панљ моњи соли равон дар шањру ноњияњои вилоят 130 њолати содир-

дида, иљроиш 93 фоизро ташкил дод, - афзуд С. Маллазода. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

то моњи майи соли 2018-ум 6 миллиону 24 њазору 900 сомонї боќї мондааст. Заррина Давлатзода иброз дошт, ки ќарздории аз њама зиёд дар соњаи кишоварзї 890 њазору 300 сомонї, саноати коркард 3 миллиону 203 њазору 200 сомонї, неруи барќ, газ ва обтаъминкунї 168 њазору 800 сомониро ташкил медињад. Шумораи кормандони дар рўйхатбудаи кироякор дар моњњои январ - майи соли 2018-ум 312 њазору 300 нафарро ташкил дод, ки аз онњо 14 њазору 100 нафарашон дар бахши воќеї ва 136 њазору 800 нафарашон дар бахши хизматрасонї машѓуланд. Шумораи бекорони расман ба ќайд гирифташуда 17 њазору 600 нафарро ташкил медињад. Сатњи бекорони расман ба ќайд гирифташуда ба 2 фоизи ањолии дар иќтисодиёт фаъол баробар мебошад. Дар нимаи якуми соли 2018 дар њамаи шаклњои хољагидории вилоят 556 њазору 465 тонна сабзавот истењсол карда шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 128 фисадро ташкил медињад. Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”

шавии љиноят аз тарафи ноболиѓон ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 72 адад зиёд аст. Мутобиќи моддаи 90 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон нисбати 3235 нафар падару модарон протоколи маъмурї тартиб дода шуда, аз 1836 нафар волидайн дар њаљми 230133 сомонї љарима ситонида шуда, ба 643 нафар волидайн огоњї, њамзамон 756 парванда мавриди баррасї дар судњо ќарор доранд. Раёсати маорифи вилоят доир ба таъмини пурраи хонандагони муассисањои таълимї бо либоси мактабї дар соли љорї, татбиќи банди 17-и Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон вобаста ба таъмини сарулибоси мактабї ва ба роњ мондани дўхти он дар корхона ва коргоњњои истењсолию дўзандагии шањру ноњияњои вилоят татбир меандешад. Тибќи наќшаи тасдиќшудаи

Вазорати саноат ва технологияи нави Љумњурии Тољикистон, бо назардошти њисоботи мудирони шуъбањои маорифи шањру ноњияњои вилоят, раванди иљрои шартнома ба њолати 29 июни соли 2018 аз теъдоди 408 њазору 49 нафар хонанда 50 њазору 644 нафар бо либоси мактабї таъмин карда шудаанд, ки он 15%-ро ташкил медињад. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

ШУМОРАИ БОНУВОНИ КОРМАНД ДАР НИЗОМИ БОНКИИ ВИЛОЯТ БА 791 НАФАР РАСИД Дар нимаи якуми соли 2018 дар ќаламрави вилояти Хатлон 3 филиали ЉСК «Агроинвестбонк» фаъолияташро ќатъ намуда, шумораи кормандони низоми бонкии вилоят нисбат ба аввали сол 113 нафар кам шудааст. Ин њам дар њолест, ки соли 2017 шумораи филиали бонкњо ва ташкилотњои маблаѓгузории хурд 26 адад ва теъдоди кормандони низоми бонкї дар вилоят 459 нафар коњиш ёфта буд. Дар ин бора Алиљон Салимов, мудири шуъбаи минтаќавии Бонки миллии Тољикистон дар шањри Бохтар, зимни нишасти матбуотї ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба ќавли ў, теъдоди кормандони бонкњо дар вилоят феълан 3 њазору 416 нафарро ташкил медињад ва аз ин њисоб 791 нафарашон бонувонанд, ки баробари 23,2%-и шумораи умумии кормандон аст. - Воњидњои зерсохтори ташкилотњои ќарзї аз 385 адад маркази хизматрасонии бонкї иборат буда, дар њайати онњо 226 хазинаи мубодилаи асъор фаъолият менамояд, - идома дод А. Салимов. - Дар муќоиса ба оѓози соли 2018 дар ќаламрави вилоят теъдоди банкоматњо ва постерминалњо 11 адад афзуда, шумораи умумии

онњо ба санаи 1 июли соли 2018 дар маљмўъ 550 адад (134 адад банкомат ва 416 адад постерминал) аст. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии истифодабарандагони кортњои пластикї феълан 466 њазору 944 нафарро ташкил медињад, ки нисбат ба оѓози њамин сол 15 њазору 510 нафар афзоиш ёфтааст. Тибќи иттилои роњбари шуъбаи минтаќавии БМТ, дар нимаи якуми соли 2018 амонатњои

умумї ба маблаѓи 55,5 миллион сомонї, ё 9,1% афзуда, 666,3 миллион сомониро ташкил дод, ки аз он 397 миллион сомонї ё 58,6%-и амонатњо бо пули миллї ва 275,6 миллион сомонї ё 42,3%-и амонатњоро асъори хориљї ташкил медињанд. Дар нимсолаи њисоботї њаљми ќарзњои додашудаи ташкилотњои ќарзї аз тамоми манбаъњо ба соњањои иќтисодиёти вилояти Хатлон дар маљмўъ 553,9 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбати њамин давраи соли 2017 ба маблаѓи 97,5 миллион сомонї ё 21,4% зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни ќарзњо бо пули миллї 30,54% ва бо асъори хориљї 16,8 %-и солонаро ташкил медињад. «Ќарзњои додашуда дар таќсимот ба соњањои иќтисодиёт, аз љумла соњаи кишоварзї нисбат ба соли гузашта 10,3 миллион сомонї ё 6,4% афзуда, 172,3 миллион сомонї, ё ин ки 31,1%-ро ташкил дод. Ба соњаи савдо ва тиљорат ќарзњои додашуда нисбати соли пешин 17,5 миллион сомонї ё 18,6% афзуда, ба 110,8 миллион сомонї расид ва ба соњањои саноат, наќлиёт, сохтмон ва ѓайра ќарзњои додашуда нисбати њамин давраи соли пешин 34,7% афзуда, дар маљмўъ 270,8 миллион сомониро ташкил дод», - зикр кард Алиљон Салимов.

М. ШОДИЁН: «ИТТИЊОМОТИ ПОЙГОЊИ «ДИССЕРНЕТ» АСОСНОК НЕСТ» Дар семоњаи сеюми соли љорї бунёди бинои нави маъмурии Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав оѓоз мегардад. Аллакай масъалањои санаднигорї вобаста ба заминљо, лоињакашї ва умури омодагї ба анљом расидааст. Муњаммад Шодиён, ректори ДДЌ ба номи Носири Хусрав, зимни тасдиќи ин хабар дар љамъи хабарнигорон гуфт, ки бинои мазкур аз 11 ошёна ва масоњаташ аз ќариб се гектар иборат хоњад буд. Профессор Шодиён дар идомаи суханаш хабар дод, ки тайи чањор соли сипаришуда пойгоњи таълимии ДДЌ ба номи Носири Хусрав аз њисоби бунёди якчанд бинои наву хуштарњи таълимї ду маротиба васеъ гардид. - Соли 2018-ро маъмурияти донишгоњ Соли сифати тањсилот эълон кардааст, - зикр кард М. Шодиён. – Дар нимаи якуми имсол дастовардњои илмї ва таълимии мо назаррас буданд. 8 нафар унвонљўёни донишгоњ ба дифои рисолањои номзадии худ

муваффаќ гардиданд ва натиљањои пажўњишњои илмии онон дар истењсолот мавриди корбурд ќарор гирифтаанд. Инчунин давомоти донишљўён 97-99%, дараљаи

азхудкунии дарсњо ќариб 100%-ро ташкил дод, ки натиљаи бад нест. Дар маљмўъ, сифати тањсилот 52 дарсад боло рафтааст. Ректори ДДЌ ба номи Носири Хусрав дар робита ба саволи хабарнигорон оид ба иттињомоти пойгоњи интернетии «Диссернет», ки аз љумла якчанд устоди ин донишгоњро ба сирќат ё плагиат дар рисолањои илмиашон айбдор кардааст, гуфт, ки маълумоти ин пойгоњ шубњабарангез буда, набояд љиддї гирифта шавад. «Пойгоњи «Диссернет», то љое медонем, марбут ба ягон пажўњишгоњи илмии давлатї, ё Комиссияи олии аттестатсионї (ВАК)-и Россия нест. Тарзи ташхису санљиши корњои илмї норавшан мебошад. Фикр мекунам, ки ин чандон ањамият надорад. Бо вуљуди ин, онњое, ки ба тањќиќотњои илмї машѓуланд, бояд талош кунанд, ки нафаре онњоро дар плагиат муттањам карда натавонад», - гуфт М. Шодиён.

Дар робита ба ин мавзўъ њамчунин хабар дода шуд, ки донишгоњ бо сарфи 25 њазор сомонї барномаи махсуси «антиплагиат»ро ба даст овардааст ва минбаъд солона ташхиси то ду њазор маќолаи илмї ва диссертатсияњо дар худи ДДЌ имконпазир хоњад буд. Ин тасмим њам ба хотири пешгирї аз асардуздї ва боло бурдани сифати таълифоти илмї роњандозї шудааст. Дар нишасти матбуотии раёсати донишгоњ њамчунин зикр гардид, ки шумораи донишљўён аз кишварњои хориљї ба 30 нафар расида, барои тањсил дар соли нави хониш 100 љавони дигар аз кишварњои Туркманистон, Ќирѓизистон, Афѓонистон, Эрон, Русия ва ѓайра ариза пешнињод кардаанд. Шумораи умумии донишљўёни донишгоњ бошад, имрўз ба беш аз 15 њазор нафар расида, онњо дар 12 факулта тањсил мекунанд.

1,7 МИЛЛИОН СОМОНЇ - ЌАРЗИ МАОШИ КОРМАНДОНИ «ШАБАКАЊОИ БАРЌИ ЉАНУБЇ» Маъмурияти ЉСК «Шабакањои барќи љанубї» дар назди кормандони худ ба маблаѓи умумии 1 миллиону 759 њазору 780 сомонї аз пардохти маош ќарздор будааст. Ин њам дар њолест, ки шумораи умумии кормандони ин корхона 1323 нафарро ташкил медињад. Дар ин бора дар нишасти матбуотии роњбарияти «Шабакањои барќи љанубї» хабар дода шуд.

МУЗДИ МИЁНАИ ЊАРМОЊАИ НОМИНАЛЇ 869,06 СОМОНЇ Бино ба маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, музди миёнаи њармоњаи номиналї (њисобшуда)-и кор дар моњњои январ - майи соли 2018-ум 869,06 сомониро ташкил кард, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 4,4 фоиз афзудааст.

3

ХАТЛОН

панљшанбе, 26 июли соли 2018, №28 (3165)

Зикр гардид, ки яке аз сабабњои афзудани ќарзи маоши кормандон сариваќт њаќќи истифодаи барќро пардохт накардани шањрвандон ва корхонањои саноатї мебошад. «Дар ин давра ба 87 корхона барои ќарздорї иддао пешнињод карда шуд. Дар асоси талаботи даъвогї ба суратњисоби корхона 752 њазору 339 сомонї ворид гашт. Нисбати шаш корхонаи ќарздор ба маблаѓи ќарзи умумї 2 миллиону 398 њазору

936,36 сомонї маводњо барои чораљўї ба маќомоти прокуратура пешнињод карда шуд. Дар суди иќтисодии вилоят маводњо нисбати 3 корхонаи ќарздор ба маблаѓи 1 миллиону 627 њазору 970 сомонї баррасї шуда, ба манфиати «Шабакањои барќи љанубї» њал гардидаанд», хабар дод сармуњандиси корхона Ш. Бояков. Ќарзи дебитории умумї аз истифодаи барќ то 1 июни соли 2018 ба зиёда аз 201 миллиону 565 њазору 320 сомонї расидааст. Аз он љумла, корхонањои саноатї 11 миллиону 27 њазор сомонї, хољагињои пахтакор ќариб 94 миллион сомонї, хољагињои оби минтаќа 21 миллион сомонї, хољагињои коммуналї 2,5 миллион сомонї ва ањолї 56,5 миллион сомонї ќарздор будаанд. Н. Маъмурзода, «Хатлон»

ОЃОЗ НАМУДАНИ ПАРВАНДАИ ЉИНОЯТЇ ЊАНЎЗ НУЌТАИ НИЊОЇ НЕСТ

Дар нишасти матбуотии Суди вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки дар нимаи аввали соли равон 2 њазору 814 парванда баррасї гардидааст. Аз љониби коллегияи судї оид ба баррасии парвандањои љиноятии Суди вилояти Хатлон 83 адад парванда баррасї гардида, нисба-

ти 91 нафар љазои мањрум сохтан аз озодї таъйин карда шуд. Инчунин, дар судњои шањру ноњияњои вилояти Хатлон 1 њазору 445 парвандаи љиноятї ворид гардида, аз он 1 њазору 169 адад парвандањо баррасї карда шудааст. Аз ин шумора нисбати 66 нафар ноболиѓ ва 107 нафар зан мебошад. Аз рўйи парвандањои љиноятї ба маблаѓи умумии 7 миллиону 499 њазору 925 сомонї љазои љарима таъйин карда шуда, 3 миллиону 376 њазору 482 сомонї рўёнида шудааст. - Суди вилояти Хатлон 87 парвандаро оид ба ташкили фаъолияти экстремистї (ифротгарої) мавриди баррасї ќарор дод, - зикр кард Р. Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон. - Аз ин шумора 20 адади онњо бо моддаи 401-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон барои љалб ва ишти-

роки ѓайриќонунии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва шахсони бешањрванди дар Љумњурии Тољикистон доимї истиќоматкунанда дар воњиди мусаллањ, задухўрди мусаллањона ё амалиёти љангї дар њудуди дигар давлатњо ба тариќи ѓоибона баррасї карда шудааст. Р. Мирзозода дар идомаи нишаст иттилоъ дод, ки 80 фоизи санадњои судї, ки аз тарафи Суди вилоят ќабул карда мешавад, шикоят ё эътироз мебошанд. - Дар нимсолаи аввали соли равон дар Суди вилоят нисбати як нафар љазои якумра дода шуд. Њангоми розї набудани тарафи гунањкор ќонун вазифадор менамояд, ки аз болои санадњои Суди вилояти Хатлон ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон шикоят кунад. Ба наздикї аз тарафи пайвондони он нафар шикоят шуд, боз дар

Суди Олї мавриди баррасї ќарор дода шуд. Ќонунї будан ё набудани санади судиро Суди Олї бањо медињад. Суд меомўзад шикоятро, ваќте ки њукм бетаѓйир мемонад, аллакай мо гуфта метавонем, ки ќарори ќабулнамудаи мо ќонунї аст. Ин њамааш барои мањдуд нашудани њуќуќњои шањрвандон аст, - афзуд Р. Мирзозода. Раиси Суди вилояти Хатлон мегўяд, ки оѓоз намудани парвандаи љиноятї ин нуќтаи њанўз нињої набуда, нуќтаи охирро суд мегузорад. Дар ин давра аз тарафи Суди вилояти Хатлон њамагї як парванда сафед шудааст. Суд дар марњилаи аввал дидааст, ки дар њаракатњои вай умуман љиноят нест, судшавандаро сафед кардааст. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»


4

ХАТЛОН

Сайри Хатлони бостон Идораи рўзномаи «Хатлон» гўшаи «Марњамат ба Хатлон!»-ро бо маќсади таблиѓи имкониятњои соњаи сайёњї, муаррифии мавзеъњои туристї, обњои шифобахш, ёдгорињои таърихї-фарњангї ва љалби сайёњони ватанию хориљї ба ин мулки бињиштосо пешнињоди хонандаи гиромии худ мегардонад. БО ЊАМ САЙРИ ХАТЛОН МЕКУНЕМ!

панљшанбе, 26 июли соли 2018, №28 (3165)

шутурбоне будааст, ки ба Њазрати Муњаммад (с) эътиќоди зиёде доштааст ва яке аз пайравони аввалинаш њам ў будааст. Чун эътиќодмандии Увайсро ба Пайѓамбарамон мерасонанд, ба рамзи миннатдорї ва эњтиром хилъаташро ба ў туњфа мефиристад. Ба њамин монанд боз бисёр ривоятњои дигар мављуданд, ки ин љо наќли онњо аз имкон берун аст. Мазори Њоља Аюби Ансорї бошад, дар маркази шањраки Ховалинг љойгир аст. Љавонон баъди анљоми зиёрати мазори Њазрати

ХОВАЛИНГ МАВЗЕИ ТАМОШОБОБ АСТ Чуноне дар суњбат сардори ШВКД полковник Рустам Раљабзода иброз дошт, роњбарияти ин нињод дар асоси наќшачорабинињои тартибдодаи Вазорати корњои дохилї оид ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї тасмим гирифт, ки саёњати 25 нафар љавонони ихтиёриёни ноњияро ба мавзеъњои таърихии ноњияи Ховалинг ташкил намояд. Ноњияи Ховалинг мавзеи кўњї буда, табиати фусункоре дорад. Њарчанд дар ин айём гармии тањдашт тоќатфарсо асту алафњои замини он хушкида, вале дар Ховалинг њоло њам бањор аст ва нисбати навоњии тањдашт гармиаш хеле паст буда, роњати љон мебошад. Њавои салќини он ба тан як љањон фароѓат мебахшад. Хуллас, кўњу камари он њоло њам сабзу хуррам аст. Гурўњи сайёњон баъди ба ноњияи Ховалинг омадан сараввал ба зиёрати мазори Њазрати Султон Увайси Ќаранї рафтанд. Њарчанд мувофиќи тавсияњо бояд ќабл аз ин аз мазори Хоља Аюби Ансорї зиёрат мекарданд. Сабаби инро баъдтар шарњ хоњем дод. Мазори Њазрати Султон аз маркази ноњия дар масофаи 17 километр ќарор дорад. Њудуди мазорро дарахтони гуногун, аз љумла чанорњои сабзи солхўрда њам њусну зебої бахшидаанду њам атрофро бо соя паноњ менамоянд. Њавояш хеле салќину фарањбахш аст. Садои хониши парандагони гуногун бошад, ба асабњо оромї мебахшад. Дар даромадгоњи мазор бо њарфњои арабї номи ин мавзеи таърихї навишта шудааст. Тахминан панљоњ-шаст метр дуртар мадфани Султон Увайс љой

гирифта, дар пештоќи мазор навишта шудааст: «Бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бунёд гардидааст». Баъди оятеро аз «Ќуръон»-и карим ќироат кардани мутаваллии мазор љавонон ба назди чашмањои болотар аз мазор љойгиршуда рафта, оби сарду мусаффояшро нўшиданд. Чашмањои мазкур ба ќавли мутаваллї гўё љойи пою дасти уштуре будааст, ки Султон Увайси Ќараниро ба ин љо оварда, њамин љо истодааст. Ва мутаваллї дар идомаи суханаш дар бораи Султон Увайси Ќаранї маълумот дода, гуфт, ки Њазрати Султон яке аз пайравони Њазрати Муњаммад (с) буда, дар љанг шањид гардидааст ва мувофиќи васияти Увайс љасади ўро дар уштур бор кардаанд ва он уштур омада, дар њамин љо ќарор гирифтаасту ўро дар њамин љо дафн кардаанд. Аслан Султон Увайс як чўпон-

Султон ба ин љо омада, аз ин мавзеи таърихї низ дидан намуданд. Дар шафати мазор солњои пешин як чашмаи калоне буд, ки оби он чархи осиёбро давр мезанонд. Вале имрўз он чашма хушкидааст. Ба гуфти як мўйсафеди рўзгордидаи ин мавзеъ, ваќте ки чоњњои обкаширо ба кор дароварданд, ин чашма хушкидааст. Банда низ айёми мактабхонї, дар лагери истироњатии Ховалинг будан борњо ба назди ин чашма омада, оби онро нўшидаам. Хоља Аюби Ансорї кист? Ў олим ё муњаќќиќ набуд. Яке аз пайравони Њазрати Муњаммад (с) буд ва борњо бо ў суњбат оростааст. Ансорї ин ном не, балки лаќаби Хоља Аюб аст. Онњоеро, ки тарафдори Њазрати Муњаммад (с) буданд, «ансор» меномиданд ва аз њамин љо Хоља Аюбро низ Ансорї ном нињодаанд. Ба ќавле, ваќте ки Њазрати Муњаммад (с) ба Мадина њиљрат менамояд, бисёре аз ањли шањри Мадина хоњиш карданд, ки њазрати Муњаммад (с) дар хонаи онњо ќарор гирифта, он љо зиндагї намояд. Вале Њазрати Муњаммад (с) барои наранљидани касе њавола ба уштураш карда, гуфтааст, ки он дар назди хонаи касе ќарор гирад, њамон љо мењмон мешавад. Уштури ў дар хонаи њамин Хоља Аюби Ансорї ќарор гирифтааст. Акнун хонандаи закї фањм

кард, ки Хоља Аюби Ансорї аз зумраи ансорони пайѓамбарамон ва сањобагони ўст ва барои чї зиёраткунандагони мазори Њазрати Султон Увайси Ќаранї аввал бояд аз ин љо зиёрат намоянд, чаро ки мартабаи сањобагон як дараља баландтар меистад. Љавонон њамчунин аз мавзеи дилкаши «Чилчанор», ки дар маркази ноњия рў ба рўи бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ќарор дорад, дидан намуданд. Љавонон дар ин љо гирди њам омада, дар васфи Тољикистон, истиќлолияту вањдат, Пешвои миллат шеърхонї намуданд ва баъдан зери садои мусиќї ва сурудхонии љавони њунарманд Бењрўз Сафарзода раќсу бозї намуданд. Дар бозгашт сайёњон назди сангтўдае, ки дар канори роњи Ховалинг-Душанбе, Љамоати дењоти “Љонбахт”, дењаи Таги Љар ќарор дорад, чанде таваќќуф намуданд. Ба ќавле, ин сангтўда миќдори сарбозони њалокшудаи Искандари Маќдунї ва ё арабњову Чингизхон бошад. Мувофиќи ривоятњо, њангоме ки сарбозон аз ин љо мегузаштанд, њар кадоме як сангї гузоштаанд ва дар бозгашт њар як сарбози омада аз ин љо як санг мегирад ва сангњои боќимонда бошад, сангњои сарбозони њалокшудаанд, ки ин љо мондаанд. Ба ќавли муаррих Амир Саиди Мункї, ин ривояте асту бас. Чаро ки танњо дар њудуди ноњияи Ховалинг панљто чунин сангтўда мављуд аст. Њамчунин дар мавзеи Сангтўдаи ноњияи Данѓара, дар Украина, кишвари Олтойи Русия ва Љумњурии Ќирѓизистон чунин сангтўдањо дарёфт карда шудаанд. Ба њаќиќат наздиктараш ин сарони ќавми ориёиянд, ки ин љо мадфун шуда, барои ёдгорї ва абадияташон чун ањромњои Миср болои ќабрашонро бо санг пўшонидаанд. Баъдан, њељ гоњ шумораи на лашкари Искандару на лашкари арабу муѓул ба 1-1,5 миллион нарасида буд ва он аз 30-40 њазор зиёда набуд. Вале њаминаш касро ба њайрат меоварад, ки бо мурури солњои зиёд болои сангњо хок нагирифтааст ва онњо тоза нигоњ дошта шудаанд, њарчанд ки масалан, болои ќалъањои пешини харобгашта то 1,5-2 метр хокпўш гаштаанд. Њини бозгашт љавонон аз таассуроти бардоштаашон аз ин сафари хотирмон наќл карда, ба ташкилкунандагони ин саёњат, пеш аз њама, сардори шуъбаи Вазорати корњои дохилї дар ноњия полковник Рустам Раљабзода ва мудири бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњия Фарзона Шарифова изњори сипосу ќадрдонї менамуданд.

11 ЊАЗОР СОМОНЇ ЗАРАР АЗ СЎХТОРИ ГАНДУМЗОР дар заминњои Бањри иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон д а р а в идашу«Оид ба пешгирї намудани њодисањои нохуши даи ѓаллаи сўхтор дар мавсими љамъоварї, нигоњ дошмавзеи дењаи тан ва захираи зироатњои ѓалладона, хошо«Ѓаллазор»-и ки дурушт» ва бо маќсади дар сатњи баланд ноњияи Восеъ ташкил ва гузаронидани маъракаи муњими сўхтор ба амал љамъоварии зироатњои ѓалладонагї аз тарафи омад. Дар натиља, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии заминњои хољагии вилояти Хатлон бањри пешгирї ва роњ надодењќонии «Сафардан ба њодисањои нохуши сўхтор њангоми љамъоварии зироатњои ѓалладонагї ва хо2004» 4 гектар, «Самар» шоки чорво дар ассотсиатсияњо, хољагињои 4 гектар, замин хисорот дењќонї, кооперативњои истењсолии идодид. Њангоми гузарираи кишоварзии вилоят наќшаи мушташи сўхтор ба заминњои рак тартиб дода шуд. мавзеи дењаи «Сартез»-и ноњияи Темурмалик, Аз ин рў, дар мавзеи дар хољагињои дењќонии «Бањористон» (Олимтой)-и «Ѓайрат» 4 гектар, «Таѓоев Мизноњияи Восеъ бо иштироки корроб» 4 гектар, «Бахтиёр» 7 гекмандони СХДО ВКД Љумњурии тар, «Њалимљон» 6 гектар ба коми Тољикистон, Раёсати Хадамооташ фурўъ меравад. Санљишњои ти давлатии оташнишонии викормандони Раёсати Хадамоти лояти Хатлон, муовини соњавии давлатии оташнишонии вилояти раиси вилояти Хатлон семинар Хатлон муайян намуд, ки саба- машварат оид ба риоя намудаби сар задани сўхтор афтидани ни ќоидањои бехатарї аз сўхтор шарораи оташ њангоми часпидањангоми љамъоварї ва кашонини динами муњаррики комбайни дани зироатњои ѓалладонагї ва гандумдаравї мебошад. хўроки дурушти чорво гузарониМасъулони Раёсати Хадамоти да шуда, аз шахсони мутасаддї давлатии оташнишонии вилояталаб карда шуд, ки дар мавсими ти Хатлон зарари сўхторро дар љамъоварии зироатњои ѓалладона ноњияи Восеъ 4 њазор сомонї ва ва хошоки дурушт талаботи одидар ноњияи Темуралик 7 њазор тарини бехатарї аз сўхтор риоя сомонї арзёбї мекунанд. карда шавад. Эњтиёткориву муњофизати Бино ба иттилои Садриддиндилсўзонаи њосили бо араќи љабин хон Султонов, сардори РХДО рўёнидаи марди дењќон кафивилояти Хатлон, оид ба чорањои ли пурии дастархон ва рўсурхии бехатарї аз сўхтор суњбату ањли њар хонадон мебошад. дастурњо гузаронида шуда, корњои профилактикї-оташнишонї дар Комрони БАХТИЁР, ин самт идома дорад. «Хатлон» Рўзи 23-уми июни соли равон Кумитањои идораи замини шањру ноњияњои вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї

озмун эълон менамояд

р/т

Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини ноњияи Кўшониён Кумитаи идораи замини ноњияи Љалолиддини Балхї Кумитаи идораи замини ноњияи Дўстї Кумитаи идораи замини ноњияи Љайњун

1

Наљот Сафарзода, Восеъ-Ховалинг-Восеъ

2

ЯК БОРИ ДИГАР ДАР БОРАИ СОБИЌ ЊНИ

3

Роњбари дастгоњи раиси ноњия будам. Дари њуљраи накардем. Аммо имрўз хуб дарк мекунам, ки зиёфат аз аз рўяшон афтид, робитаи мустаќими онњо бо гурўњњои кориамро кўфта, 3-4 нафар љавон, ки яке аз онњо сокињисоби маблаѓњои хољагони хориљии сарварони ЊНИ террористї ошкор гардид, бо далелњо! ни ноњия, шахси то як дараља «маъруфгашта» буд, бо будаанд, вагарна нафаре, ки (номашро зикр намекунам) Собиќ роњбари ЊНИ М. Кабирї ва дигар аъзои вањамроњонаш – роњбари ташкилоти минтаќавии ЊНИ раиси ташкилоти ноњиявии ин њизб интихоб гардид тангумкардаю ѓуломи њалќабаргўши хориљиён шуда, ин дар шањри Кўлоб ва як корманди дигари худ вориди он (сањењтараш таъинї буд) барои худ имконияти харидањамаро дурўѓу давлату Њукумати Тољикистонро сиёњ шуданд. Баъди одоби мењмонќабулкуниро ба љо оварни чизеро надошт, аз куљо додани зиёфат ба 25-30 нафар карданї мешаванд ва маводњои васоити ахбори оммаи дан суол кардам, ки чї коре доранд. дар тарабхона! кишвари моро ѓаразнок ва туњмат ба ќалам медињанд. - Мехоњем, ки тибќи Оинномаи њизбамон дар Дигар мо ташаббускорон ва роњбарони ташкилоти Вале онњо дар бораи навиштаи рўзномаи бонуфузи «Алноњия ташкилоти ибтидоии ЊНИ-ро таъсис бидињем. ноњиявии њизбро надидем. Њамин, ки интихоботи намоАњром»-и Љумњурии Мисри Араб, ки соле ќабл ба даТибќи Конститутсияи кишвар ва Оинномаи ЊНИ мо яндагон ба парлумони мамлакат, маљлисњои мањаллии сти хонандагонаш расида буд, чї мегуфта бошанд? Ин метавонем дар ноњияи шумо ин њизбро созмон дињем, вакилони халќ ва ё Президенти кишвар баргузор мерўзнома навишта буд: «Њизби нањзат – аќидааш аз гурўњи - њамроњонашро муаррифї намуда, изњор кард, раиси гардид, медидем, ки онњо ба такудав сар мекарданд. «Ихвонулмуслимин» сарчашма мегирад, дурўѓ мегўянд, ЊНИ дар минтаќаи Кўлоб ва илова намуд: - Дар њамаи Кўшиш мекарданд, ки намояндагонашон дар њайати бо дурўѓ нафас мегиранд!» Муаллифи навиштањои ноњияњои минтаќаи Кўлоб мо ташкилотњои ибтидоии комиссияњои участкавї ва њавзавии интихобот бошанд, рўзнома таъкид карда буд, ки «ЊНИ бо амалњои нопоЊНИ-ро ташкил кардем, барои чї бошад, ки дар ноњияи номзадњои худро барои интихоб шудан пешнињод меки худ мехост аќидаи тундгароиро дар минтаќаи Осиёи Шумо ба ин монеа шуда истодаанд. карданд… Миёна пањн намояд. Аммо ба зудї ниќоб аз рўйи онњо Ин њаќиќат дошт. Ман, ки умуман розї набудам, Дар тўли фаъолияти кориам ба њайси роњбари афтода, хокаи аслиашон ба њамагон маълум гашт». ЊНИ дар ноњия таъсис дода шавад, гуфтам: «Шумо бо дастгоњи раиси ноњия ва баъд низ нашунидам, ки Хонандаи закї бояд дарк кунад, ки ваќте имрўз экскадом маќсад ин њизбро дар ноњия созмон доданиед? тремизми исломї тањдиди асосї Магар ислом ба ягон њизб эњтиёљ дорад? Охир њамаи ба бехатарии миллии љањонї эъ… Ваќте ки њодисањои хунини моњи сентябри соли 2015 дар мо, алњамдулиллоњ, мусулмонем ва чизе барои ислом лон гардидааст, аъзоёни љамъияти шањрњои Душанбеву Вањдат ба амал омаданд ва чењраи аслии лозим аст, ба љо оварда истодаем. Њар сол чандин террористї - экстремистии ЊНИ ЊНИ, яъне њизби мамнўъшударо рўшантар намуданд, таваљљуњи масљид бунёд шуда истодаанд, пеши роњи ягон пинњонї фаъолият карда, метавонанд коршиносону тањлилгарони хориљї ба ин њизб афзуд. Солњои намозгузору рўзагир баста нест. Иди Рамазону ба љанговарони ДИИШ бипайванданд дар ноњия расман ба ќайд гирифтан ва эътироф гардидани ташЌурбон дар доираи суннатњои динї таљлил ва дар минтаќањои шимолии бо Љумњурии килоти ЊНИ-ро ба ёд овардам… мегарданд, фарзандони сокинони ноњия Тољикистон њамсарњад будаи ЉИА толибондар мактабњои динии расмї таълим гирифро дастгирї намоянд. Ин вазъият њар яки моро та истодаанд. Њар як маросими динї тибќи њушдор медињад, ки њушёриву зиракии сиёсиро аз анъанањои мардумї ба љо оварда мешаванд, боз чї зароњбарияти ташкилоти ноњиявии ЊНИ изњор карда бодаст надода, бар зидди њатто хурдтарин амале, ки боиси рурат аст ба ташкили њизби динї дар ноњия?!» шанд, ки онњо сиёсати давлату Њукуматро дастгиранд ва ба сохторњои њокимият сар даровардани экстремистњо Аз саволњои пай дар пайи ман раиси ЊНИ дар ё љоеро обод карданианд, ба бенавое кумак расониданива нафароне аз олами љиної мегардад, роњ надињем. Симинтаќа ба забонхої даромаду њамин ќадар гуфта таанд… Боре ба маљлису љамъомадашон низ касеро таклиф ёсати Њукуматро дар мубориза бар зидди терроризм дар вонист, ки Конститутсияи кишвар иљозати таъсиси њар намекарданд. Љойи маљлисгузарониашон хонаи раиси њамаи шаклњо љонибдорї намоем. њизбу иттињодияро, ки ба ќонунњои амалкунанда мухоњизб буд. Умуман, фаъолияти ЊНИ дар ноњия пинњон Бори дигар ба ёд овардани он айёмеро, ки собиќ лифат надоранд, додааст ва тањдид кард, ки агар монеъ буд. Њатто баъзе аъзояш, ки чизеро фањмидаву арзи аз ЊНИ дар ноњия таъсис ёфту то лањзаи манъи фаъолияшавем, ин масъаларо то ба охирин маќомоти дахлдори узвият баромаданро карданд, дар суњбат гуфтанд, ки њељ таш њамчун њизби террористї-экстремистї аз тарафи љумњурї мерасонад. ваќт маќсади роњбарияти њизбашонро нафањмиданд. Суди Олии кишвар амал мекард, бесабаб нест. Буданд Пасон, талаб кардам, ки рўйхати аъзои ЊНИ-ро Дар байни мардум аќидае њаст, ки «дуздию фосиќї нафароне, ки ба хотири маблаѓи аз тарафи роњбарияти пешнињод кунанд. Бо бањонае, ки тибќи Оинномаи паси тапак», яъне њар амали нољўру нораво пинњон намарказии ин њизб ба онњо додашуда њамаи ањли оила њизбашон ошкор кардани ному насаби аъзоён мумкин мемонад. Оњиста-оњиста, рўз ба рўз, моњ ба моњ рафтору ва наздикону пайвандонашонро шомили ин њизби нест, рўйхатро нишон надоданд ва гуфтанд, ки онњо аз амалњои нањзатиён бавоситаву бевосита ошкор мегартеррористї карда буданд. Кї кафолат дода метавонад, 200 нафар зиёд мебошанд. диду мардум дарк кардан гирифт, ки дар амри бесуботї ки чунинњоро бори дигар бо пул ба ин ё он гурўњи тунБоз масъалаи маркази фаъолияти ташкилоти ва љанги шањрвандии кишвар тањрибкорињои аъзои ин драву экстремистї љалб карда намешавад?! Касе, ки як ноњиявии њизбро ба миён овардам. Изњор карданд, ташкилоти террористї аён аст. Њодисањои хунини моњи бор дидаву дониста љиноят содир кард, маротибаи дики њоло марказе надоранду аз маќомоти иљроияи сентябри соли 2015 дар шањрњои Душанбеву Вањдат гар низ онро такрор карда метавонад! Дигар ин, ки сарњокимияти давлатии ноњия мепурсанд, ки дар ин бора ниќобро аз рўйи ин њизби мамнўъ ба тамом бардошт. варони собиќ ташкилотњои ноњиявї, шањрї, вилоятии ба онњо кумак намояд… Санљишњо, хулосабарорињо нишон доданд, ки ин њизб аз ЊНИ аз роњбарони марказиашон ва онњо дар навбати Хулоса, дар асоси талаботњои ќонунгузории кишвар оѓози фаъолияташ хислати иртиљої дошта, монеаи рахуд аз хољагони хориљиашон ќарздоранд! оид ба таъсиси ташкилотњои сиёсї ва тибќи муќаррароти ванди инкишофи сиёсї, тањкими принсипњои демократї Хонандаи рамузфањм дарњол дарк мекунад, ки барои Конститутсияи мамлакат барои таъсиси ташкилоти будааст. Аммо ба ин њам ќаноат намекарданд. Узви чї мо аз ќарздории сарварону фаъолони собиќ ЊНИ ноњиявии ЊНИ шароит муњайё карда шуд. Маљлиси ин њизб дар 10-15 соли охир бо нишондоди хољагони ёдовар шудем. Ќарздењон њељ ваќт ќарзи додаашонро якуми ташкилии ташкилоти ноњиявии ЊНИ дар толори хориљии худ дар байни мардум хурофот ва таассуби динамебахшанду ќарздорон оромї надоранд… тарабхонаи «Бањор» баргузор гардиду барои иштирокниро ба вуљуд оварда, ният доштанд, ки тариќи исёни чиён зиёфат оростанд. Он ваќт нафањмидем, ки ин зиёмусаллањона ќудрати сиёсиро ба даст биёранд. Асное, Т. Иброњимов, фат аз тарафи кї буд ва умуман ба ин масъала таваљљуњ ки онњо ин маќсади худро амалї карданї буданд, ниќоб ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї

КЎЛОБ. ЊАМНИШИНЕ БЕЊ АЗ КИТОБ МАХОЊ Дар Китобхонаи ба номи Садриддин Айнии шањри Кўлоб даври дуюми озмуни љумњуриявии «Библиомарафон» тањти унвони «Њамнишине бењ аз китоб махоњ» баргузор гардид. Озмун бо маќсади љалби њарчи бештари кўдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу раѓбат ба эљодиёт, тарбияи онњо дар рўњияи ватандўстию зебоипарастї гузаронида шуд. Дар озмун мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисањои фарњангї-фароѓатї ва њунарњои

мардумї Озар Зарифї, муовини декани факултаи китобдорї ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзода Зафари Шариф њамчун аъзои њакамон иштирок доштанд. Бино ба иттилои Саодат Абдуллоева, корманди Китобхонаи

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

вилоятии ба номи С. Айнї, дар озмун Ќурбоналї Тўраев, хонандаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №23-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї, Рамзия Абдуллоева, хонандаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №55-и ноњияи Данѓара ва Робия Ќодирова, хонандаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №30-и шањри

Кўлоб ѓолиби даври дуюм дониста шуданд. Ѓолибони даври дуюм дар даври нињої, ки 3-4 сентябри соли 2018 дар шањри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

Номгўйи шањру ноњияњо

4 5 6

Мансаб

Музди маош

Сармутахассис

852,0

Мутахассиси пешбар Мутахассиси пешбар Сармутахассис Мутахассиси пешбар Мутахассиси пешбар

665,0 665,0 852,0 665,0 665,0

Талаботи тахассусї: Барои мансаби сармутахассис-тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї. Барои мансаби мутахассиси пешбар-тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1сол собиќаи умумии мењнатї. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Б. Ѓафуров 6 “А”, телефонњо барои маълумот: 2-54-94, 2-50-18.

Диќќат: Музояда!

Иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Хатлон рўзи 24 августи соли 2018 музояда №12-ро оид ба фурўши амволњои зерин, ки тањти њабс ќарор доранд, бо арзиши ибтидоии онњо эълон менамояд. № Т/р

1

2

Номгўи амволњоии њабсгардида Манзили истиќоматї (њавлї), иборат аз як ошёна ва аз чор њуљраи зист ва бо њуљрањои хизмативу ёрирасон бо њуќуќи истифодабарии 455 м.м ќитъаи замин мебошад. Маѓоза ва сехи дўзандагї, иборат аз як ошёна ва шаш њуљраи хизматї ва ёрирасон ва бо њуќуќи истифодабарии замин 300 м.кв.

Мансубият ва суроѓа

Нархи ибтидої

Ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти “Ориён”, мањаллаи Бешкаппа, њозира Њољї Шариф

200000 (дусад њазор) сомонї

Ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти “С. Истиќлол”, дењаи Байнал

150000 (як саду панљоњ њазор) сомонї

Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни суди иќтисодии вилояти Хатлон дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои (83222) 3-19-09 ва 935-82-32-32 гирифта метавонед.

Диќќат: Музояда!

Иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Хатлон рўзи 24 августи соли 2018 музоядаи такрори тањти №08-ро оид ба фурўши амволи зерин, ки тањти њабс ќарор дорад, бо кам намудани 15% аз арзиши ибтидоии он эълон менамояд. № Т/р 1

Номгўи амволи њабсгардида Манзили истиќоматї, дар ошёнаи дуюм љойгир буда, аз се њуљраи истиќоматї ва ёрирасон иборат мебошад

Мансубият ва суроѓа Шањри Бохтар, кўчаи Дзержинский, бинои №4, њуљраи 36

Нархи ибтидої 90053 (навад њазору панљоњу се) сомонї

Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни суди иќтисодии вилояти Хатлон дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои (83222) 3-19-09 ва 92-972-19-92 гирифта метавонед.

эътибор надорад Шањодатномаи гумшудаи БР №158378 дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1985 МТМУ №28-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Шоймардонов Саидмурод Мамадмуродович додааст, эътибор надорад.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

Шањодатномаи гумшудаи №055931 дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1987 МТМУ №19-и ноњияи Кўшониён (собиќ Коммунистї) ба Ќурбонов Ѓайнидин Хасанович додааст, эътибор надорад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/ рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Њангомаи ИСмат

Тарроњ: Зафарљон Азизов

Шањодатномаи гумшудаи АБ №251054, ки онро соли 2003 МТМУ №15-и ноњияи Љиликўл (њозира Дўстї) ба Пулатов Эзизжон Худойбердиевич додааст, эътибор надорад.

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 25.07.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №28 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu