Skip to main content

Шумораи №22-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №22 (3258)

чоршанбе, 15 апрели соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

Ба ифтихори Рўзи пойтахт

Аљаб шањри дилорої, Душанбе Дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рўзњои ид дар Љумњурии Тољикистон» њамасола рўзи шанбеи њафтаи сеюми моњи апрел Рўзи пойтахт таљлил мегардад. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Пре-

гулгашту хиёбонњо, ки дар ин давра азнавсозї шудаанд, бо гулгаштњои зебову замонавии худ гулпўшанду назаррабо. Имсол, бахусус шањри Душанберо гулњои лола њусни тоза бахшидааст. Дар кўчаву хиёбонњои

зиденти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њар љое сафар намояд, он љо ба гулзор, боѓу бўстон, мулки дилпазир, бињишти њаќиќии рўи замин табдил меёбад. Тавассути оинаи нилгун борњо дидаем, ки Роњбари давлат мавзеъњои гулпарварии шањри Душанберо бо камоли майл тамошо карда, ба гулпарварон барои дар оянда хушсифат ба роњ мондани кор, аз хориљи кишвар овардану парвариш кардани гулњои рангоранг маслињатњои муфид медињад. Имрўз дар пойтахти кишвар беш аз 2 миллион дона гулњои зебои лола, садбарг, гулбуттањо ва дигар гулњои хушрангу бўй дар хиёбону кўчањо, боѓњои фароѓативу истироњатї шинонда шуда, ба њусни пойтахти кишвар њусни тоза зам кардаанд. Душанбе-пойтахти кишвар манзараи фарањафзо ва дилпазир дошта, тамошои боѓу гулзорњои рангоранг дилро моломоли шодиву нишот мекунад. Бахусус, боѓи фароѓативу истироњатии “Ирам” бо рангорангии гулњо, нињолњони сарсабз, растањои гулпўш диќќати њар бинандаро ба худ љалб менамояд. Ваќте кас ба ин љаннати рўйи замин ворид мешавад, бўйи муаттари гулњо ба машом расида, бањри дилаш кушода мешавад. Тамошобинон болидахотир гардида, ба кормандони боѓ ва гулпарварони моњир ањсант мегўянд. Шањри Душанбе дорои чан-

ноњияњои Шоњмансур, Фирдавсї, Синои шањр гулпарварон садњо њазор бех гулњои рангоранги лола ва дигар намуди гулњоро шинонидаанд, ки онњо њусни Душанбешањрро боз њам зеботар намудаанд. Ќариб њамаи кўчаву хиёбонњо, майдонњо, атрофи муассисањои давлатї, донишкадањо ва ѓайраро гулњои гуногуни лола, садбарг ва дигар намудњои гулњои бањорї зиннат бахшидааст. Одамон дар кўчањои хуштарњу зебо ќадам зада, аз бўи хуши гулњои ороишї њаловат мебаранд. Мефахранд, ки чунин ватани зебою диёри нозанини гулпўш доранд. Тамоми шањр зебову нозанин аст. Дар дасти љавонон гулдастањои тару тозаеро мебинем, ки ба наздикони худ армуѓон мекунанд. Ин диёри зебо, ин кишвари бињиштосо, ин сарзамини гулпўш самараи зањмати гулпарварони хушзавќ ва масъулиятшиносии роњбарони зебоипараст мебошад. Имрўз Тољикистон ба диёри нозанину дилрабо табдил ёфтааст. Он гулистонеро мемонад, ки аз тамошояш на танњо шањрвандони кишвар, балки хориљиён ба ваљд омада, дубора ба ин љо омаданро ихтиёр мекунанд. Шањри Душанбе пойтахти кишвар шањри гулњо мањсуб ёфта, њар рўз дањњо њазор сайёњон, мењмонон ва

дин боѓњо, ба монанди боѓњои фарњангию фароѓатии ба номи Абўабдуллои Рўдакї, Ањмади Дониш, Куруши Кабир, Алишер Навої, Парчами давлатї, Нишони давлатї, Љавонон, Наврўзгоњ, Хайём ва Восеъ, ки бо њидоятњои созандаи Пешвои миллат дар даврони соњибистиќлолї бунёд ёфтаанд ва њамчунин боѓњои фарњангию фароѓатии ба номи Садриддин Айнї, Абулќосим Фирдавсї, Кўли љавонон, Ѓалаба ва дигар

шањрвандон аз тамошои кўчањои гулбасар, хиёбонњои рангин, дарахтони сабзу хуррам болидахотир мегарданд. Дар њаќиќат зебо, хурраму љонофарин аст Тољикистон. Тамоми мардуми кишвар, њамчунин мењмонон аз тамошои манзарањои дилфиреби гулњои лола, садбарг ва ѓайра њаловат бурда, вуљудашон моломоли шодиву нишот мегардад.

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Ќурбон Њакимзода: «Аз њар Як ваљаб замин оќилона истифода бояд бурд!» Гузориш аз сафари кории раиси вилоят ба ноњияњои Љалолиддини Балхї, Дўстї, Љайњун ва Панљ

Нахуст, раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар хољагии ба номи Ниёзмуњаммад Бегов бо раиси ноњияи Љалолиддини Балхї, муовинони раис, раисони љамоатњои шањраку дењот ва фаъолони ноњия мулоќоти сайёр доир намуда, онњоро вазифадор карданд, ки киштукори бањориро вусъат бахшида, бо маќсади таъмини фаровонии бозори истеъмолии ањолї бо мањсулоти хушсифат њар як ваљаб заминро самарабахш истифода баранд. Ќурбон Њакимзода њамчунин барои љоннок кардани корњои фањмондадињї бо мардум, захираи маводи озуќа, чораандешї љињати бо кор таъмин намудани ањолии ќобили мењнат ба масъулон дастур доданд. Зимни шиносоии раиси вилоят аз заминњои кишти пахтаи хољагии ба Н. Бегов иттилоъ доданд, ки ин хољагї љамъан 1506 гектар заминро дар ихтиёр дорад ва то имрўз дар майдони 700 гектар тухмињои навъи флора, флеш, 51-14, “Хатлон” кишт карда шудааст. Хољагї азм дорад, ки майдони пахтаро дар мавсими имсола ба 980 гектар расонад. Дар хољагии ба номи Сафар Љумъаеви ноњияи Љалолиддини Балхї дар майдони 125 гектар пунбадона кишт шуда, бо усули обёрии ќатрагї парвариш карда мешавад. Дар ин хољагї ширкати “Љунгтай Син Силу” ба пахтакорї машѓул аст. Хољагидорон соли гузашта ба њисоби миёна аз њар гектар 23-сентнерї њосили “тиллои сафед” рўёниданд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки имсол дар 15 гектар замини хољагии ба номи С. Љумъаев кишти картошка гузаронида шудааст ва он њоло нашъунамои хуб дорад. Дар масвими имсола дар ноњияи Љалолиддини Балхї дар

майдони 297 гектар картошка ва 1440 гектар гандум кишт карда шудааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дастур доданд, ки дар кишти такрорї афзалият ба кишти картошка, гандум, донагињо бояд дода шавад, то дар таъмини амнияти озуќавории мамлакат сањми бештар гузорем. Дар ноњияи Дўстї раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода аз заминњои кишти пахтаи ЉДММ “Љунгтай Син Силу”, воќеъ дар Љамоати дењоти “Дењќонобод” дидан намуд. Тавре ки ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ширкати мазкур дар майдони 49 гектар пунбадона кишт кардааст. Ширкати мазкур дар њудуди ноњияи Дўстї љамъан дар майдони 2514 гектар

пахтакорї кардааст. Умуман, ин мавсим дар ноњия кишти пунба дар майдони 7574 гектар ба наќша гирифта шуда, то имрўз 82% иљро гардидааст. Раиси вилоят њамчунин бо фаъолияти хољагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов шинос шуданд. Майдони умумии хољагї 600 гектарро ташкил

дода, аз он дар 60 гектар сабзавот, аз љумла карам, гулкарам, лаблабу, инчунин дар 3 гектар гармхонаи помидору бодиринг парвариш карда мешавад. Хољагидорон дар майдони 350 гектар пахта ва 75 гектар гандум низ кишт кардаанд. Ќурбон Њакимзода дар суњбат бо кишоварзон ва масъулони ноњияи Дўстї таъкид намуданд, ки тибќи дастури Роњбари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон, 60 фоизи майдонњои кишти такрорї бояд аз ѓалладонагї, лўбиёгињо ва маккаи дон иборат бошад. “Аз њамаи масъулони муассисањо, ки дар назди биноњои худ заминњои наздињавлигї доранд, аз љумла муассисањои таълимї, тиббї, масљидњо бояд даъват намоем, ки дар замини наздињавлигии худ донагї ё дигар мањсулоти озуќа, њадди аќал гашнизу шибит корида, ба кормандон таќсим кунанд”, - зикр намуданд раиси вилоят. Дар ноњияи Љайњун раиси вилоят Ќурбон Њакимзода бо фаъолияти чанде аз хољагињои пиёзкор шинос шуданд. Кишоварзони ноњияи Љайњун дар тамоми ќаламрави кишвар бештар бо пиёзу сабзикорї ва лимўпарварї машњур буда, мањсулоти парваридаашон на танњо дар бозорњои дохили мамлакат, балки дар хориљи кишвар низ харидори зиёд дорад. Тавре ки ба раиси вилоят маълумот доданд, майдони уму-

мии кишти зироатњо дар ноњияи Љайњун 16 њазор гектарро ташкил медињад, ки аз он дар 3721 гектар пиёз, зиёда аз 2000 гектар полезї, 300 гектар картошка кишт гардидааст. Пиёзкорони ноњия тўли 4-5 рўзи охир ба љамъоварии њосил машѓул буда, аллакай ба содироти мањсулоташон ба шањри Ду-

шанбе ва ноњияњои тобеи марказ оѓоз кардаанд. Њамзамон дар майдони ќариб 100 гектар аз кишти такрории мавсими гузашта захираи сабзї мављуд буда, дар сурати пайдо шудани талабот чида ва фурўхта хоњад шуд. Дар Љамоати дењоти «Панљ» Ќурбон Њакимзода аз майдони кишти маъсар дидан намуданд.

Шиносої бо майдонњои кишти картошка, пиёз ва дигар анвои сабзавоти барваќтї яке аз њадафњои сафари кории раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба ноњияи Панљ буд. Зимни боздиди раиси вилоят аз хољагии дењќонии Фарѓонаи Љамоати дењоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноњияи Панљ, ки 60 гектар замини киштро дар

Масоњати умумии майдони кишти ин навъи мањсулот дар ноњия 315 гектарро ташкил дода, њосилаш дар ибтидои тобистон ѓундошта хоњад шуд. Дар Љамоати дењоти Панљи ноњияи Љайњун Маркази таќсимоти яклухти “Хатлон” амал мекунад, ки бо сармояи он дар масоњати 65 гектар боѓи нави бодом, шафтолу ва писта бунёд гардидааст. Ин боѓ бо ибтикори соњибкор Саймурод Давлатов ва дастгирии Пешвои миллат дар заминњое, ки солиёни зиёд бекор хобида буд, бунёд шудааст. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ 13 њазор бех пистаи пайвандии аз Туркия овардашуда ва 300 бех зайтун шинонида шудааст. Аз љониби соњибкор ба ин мавзеи беоб аз масофати 4,5 километр об оварда шуда, нињолони писта бо усули обёрии ќатрагї парвариш карда мешаванд. Ба ќавли мутахассисон, ин дарахтони пистаи пас аз 4 сол ба њосил даромада, то њосилдењ шуданаш дар замини байни нињолон тарбуз ва нахўд кишт карда мешавад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба фаъолияти боѓдории масъулони ин мавзеъ бањои баланд дода, ба роњбарияти ноњия љињати дастгирии ташаббусњои минбаъдаи соњибкорону кишоварзон дастуру супоришњои мушаххас доданд.

ихтиёр дорад, иттилоъ доданд, ки кишоварзони ин хољагї асосан ба кишти сабзавот, аз љумла дар 30 гектар пиёз, дар 12 гектар сабзї машѓул мешаванд. Имсол дар ноњияи Панљ дар масоњати 15099 гектар кишти зироатњо бояд сурат гирад, ки ин наќша то имрўз 91,1% иљро шудааст. Аз љумла дар майдони 360 гектар пиёз, 300 гектар полезї, 230 гектар маъсар, 478 гектар картошка, 70 гектар помидор, 20 гектар бодиринг кишт шудааст. Кишти пунбадона дар майдони 5459 гектар ба наќша гирифта шуда, то имрўз 81,8% иљро гардидааст. Раиси вилоят бо масъулони соњаи кишоварзї ва раисони љамоатњои шањраку дењоти ноњияи Панљ оид ба рафти тадбирњои ободонию бунёдкорї, киштукори бањорї ва бартарафсозии оќибатњои боду њавои номусоиди рўзњои охир мулоќот намуданд. Ќурбон Њакимзода ба масъулони ноњия инчунин љињати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бурдани корњои фањмондадињї дар байни ањолї оид ба тозаю озода нигоњ доштани муњити зист ва риояи гигиенаи шахсї супоришњо доданд.

БАРРАСИИ ЉАРАЁНИ ДАЪВАТИ БАЊОРИИ ЉАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛЇ 12 апрел дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љаласаи назди раиси вилоят оид ба масъалаи даъвати бањории љавонон ба сафи Артиши миллї доир гардид. Тавре ки ба мо аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ин љаласа муовини раиси вилоят, муовини роњбари дастгоњи раиси вилоят, мудирони шуъбањои дастгоњ, роњбарони маќомоти њифзи њуќуќ, комиссари њарбии вилоят, раисони шањру навоњї ва дигар масъулони комиссияњои даъват дар сатњи шањру ноњияњои вилоят иштирок доштанд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода зимни ифтитоњи љаласа зикр намуд, ки то имрўз 6 шањру ноњияи вилоят, аз љумла Норак, Шамсиддин Шоњин, Носири Хусрав, Данѓара, Муъминобод, Ховалинг наќшаи бањории даъват ба Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистонро пурра иљро кардаанд. Дар ин радиф навоњии Балљувон, Темурмалик, Фархор ва Хуросон иљрои наќшаи даъватро аз њисоби миёнаи вилоят, ки ба

њолати 12 апрел 50%-ро ташкил медињад, бештар таъмин намудаанд. Муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов дар баромади худ ќайд кард, ки бањри босифат ва дар муњлатњои кўтоњтарин иљро намудани наќшаи даъвати бањории соли 2020 ќарорњои раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2019, №324 «Дар бораи ба ќайди ибтидоии њарбї гузоштани шањрвандони соли таваллуди 1993-2004», аз 20 декабри соли 2020, №329 «Дар бораи омодагї ба даъвати бањории соли 2020-и шањрвандони солњои таваллудашон 19932002 ба хизмати њарбї» ва аз 3 январи соли 2020, №3 «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар муассисањои таълимии Кумитаи вилоятии ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва шуъбаву бахшњои мењнат ва шуѓли ањолї дар даъвати бањории соли 2020» ба тасвиб расида, ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо ва ташкилоту муассисањои дахлдор расонида шуд. Бо маќсади тайёр намудани мутахассисон барои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии

Тољикистон дар курсњои ронандагии Ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиа тибќи наќшаи Вазорати мудофиа 315 нафар ба омўзиш љалб шудааст. Аз њисоби маблаѓњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо 548 нафар ба ин курсњо љалб шудаанд. Тибќи маълумоти Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилоят, дар шуъбањои Агентии мењнат ва шуѓли ањолии шањру ноњияњои вилоят аз њисоби Барномаи мусоидат ба шуѓли ањолї 161 нафар ба курсњои кўтоњмуддати ошпаз, тракторчї, барќчї, кафшергарї ва дигар ихтисосњои барои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон заруратдошта ба омўзиш фаро гирифта шудаанд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба роњбарони шањру ноњияњо ва масъулони комиссияњои даъвати њарбї дастур доданд, ки ба кашол ёфтани иљрои наќшаи даъват роњ надода, љињати пеш аз муњлат таъмин намудани он тадбирњои мушаххас андешанд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

Б. САЙДАЛИЕВ, «Хатлон»

Марњамат ба озмуни «Эъљози истиќлол» Тибќи ќарори раиси вилоят аз 6 апрели соли 2020 №106 озмуни вилоятии бењтарин маводи журналистї тањти унвони “Эъљози истиќлол” эълон гардид. Озмуни мазкур ба ифтихори санаи муњими таърихї 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо маќсади њавасмандсозї ва дастгирии рўзноманигорон, кормандони расонањои хабарии вилоят ва љумњурї, ки дар инъикоси раванди корњои ободонию созандагї, тарѓиби фаъолияти бунёдгаронаи соњибкорон, ањли љомеа, ташкилотњои давлатию љамъиятї, имкониятњои сайёњии вилояти Хатлон, рушди дењот, дастовардњои соњањои мухталифи хољагии халќ дар даврони соњибистиќлолии ватани азизамон-Тољикистони бињиштосо роњандозї гардидааст. Тавре ки аз Низомномаи озмуни вилоятии “Эъљози истиќлол” бармеояд, тарѓибу ташвиќи сиёсати пешгирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти рушди дењот ва ободу зебогардонии Ватан, сањмгузорї дар рушди дењу мањал ва бунёду азнавсозии маљмаањои фарњангї-маишї ва ободу њуснороии манзилњои иќоматї, муњим аз њама ташаккули мавќеи фаъоли шањрвандї ва таъмини иштироки шањрвандон дар њаёти љамъиятиву сиёсии вилоят ва мусоидат намудан дар таъмини наќшаи чорабинињо бахшида ба таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, арљгузорї ба сањми соњибкорон ва ободгаро-

ни Ватан, ташвиќи таљрибаи пешќадам, таъмини шароити арзандаву шоистаи зиндагї ба сокинони вилоят, аз њадафњои асосии озмун ба шумор меравад. Дар озмуни мазкур рўзноманигорон аз расонањои хабарии шањру ноњияњои вилоят, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонањои хабарии љумњуриявї ва љањонї намояндагї мекунанд, ширкат меварзанд. Натиљањои озмуни мазкур аз љониби Кумитаи тадорукот то 1 сентябри соли 2021 љамъбаст мегардад. Ѓолибони озмун бо дипломњои дараљаи 1, 2, 3 ва мукофотњои пулии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ќадрдонї карда мешаванд. Ба ѓолибон аз рўйи ду номинатсия мукофотпулї чунин муќаррар карда мешавад: Номинатсияи “Бењтарин маводи чопї ва интернетї”. Љойи якум-10000 сомонї; Љойи дуюм-5000 сомонї; Љойи сеюм-2500 сомонї. Номинатсияи “Бењтарин барномаи телевизионї”. Љойи якум-10000 сомонї; Љойи дуюм-5000 сомонї; Љойи сеюм-2500-сомонї. Инчунин, барои иштироки фаъолона рўзноманигорон бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида мешаванд.


2

ХАТЛОН

чоршанбе, 15 апрели соли 2020, №22 (3258)

Дар партави Паём

Паём-њадафи созанда Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон саршор аз дастовардњои бузургу созанда дар самти рушду нумўи мамлакат ва тањкими сулњу субот, оромии љомеа буда, барои миллати сарбаланди тољик њадафи созанда мањсуб меёбад. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар оѓози Паём чунин иброз доштанд: «Соле, ки сипарї шуда истодааст, дар таърихи Тољикистони соњибистиќлол бо дастоварду пешравињои ноилшудаи халќамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад». Аз њама дастовардњои муњиму фаромўшношуда дар соли сипаригашта таљлили бошукўњи 28-умин солгарди Истиќлолияти давлатї, 25-солагии Конститутсия Љумњурии Тољикистон ва ба кор андохтани Агрегати дуюми Неругоњи барќи обии “Роѓун” мебошанд. Бояд зикр кард, ки дар тўли 28 соли Истиќлолияти давлатї миллати сарбаланди тољик бо сарварии Пешвои муаззами миллат ба як ќатор дастовардњои беназир ноил гардида, Тољикистонро ба як гўшаи бињишти рўи замин табдил доданд. Дар Паём таъкид меравад, ки аз љониби Њукумати мамлакат танњо дар се соли охир барои рушди бахшњои афзалиятноки иќтисодии кишвар иловатан 30 намуди имтиёзу сабукињо љорї карда шуданд, ки маблаѓи умумии онњо беш аз 15 миллиард сомониро ташкил медињад.

Имтиёзњои мазкур, асосан, барои тараќќї додани соњањои саноат, сайёњї, энергетика, кишоварзї, парандапарварї, моњипарварї, истифодаи сарватњои зеризаминї, сохтмон, инноватсия, дорусозї ва ѓайра равона гардида буданд. Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз дар тамоми манотиќи кишвар раванди корњои ободонию созандагї бо маром идома доранд. Дар корњои ободонию бунёдкорї сањми фарзандони бонангу номуси мамлакат, бавижа соњибкорону мардони саховатпеша бузург аст. Пешвои миллат ба ин раванд таваљљуњ карда, изњор доштанд: «Бояд гуфт, ки танњо дар се соли охир тибќи наќшаи корњои ободониву бунёдкорї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатї дар шањру дењоти кишвар аз њисоби соњибкорону шахсони саховатпеша ва ањолї 1450 километр роњњои ањамияти љумњуриявию мањаллидошта ва 108 пул бунёду таљдид карда шуданд. Чунин корњо, ки гувоњи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки ватани мањбубамон ба њисоб мерванд, њоло бомаром идома доранд». Боиси тазаккур аст, ки чунин шахсони саховатпеша њамеша кўшиш ба харљ дода истодаанд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмонро пиёда карда, дар самти обод-

корию созандагињои Ватани мањбубамон-Тољикистон сањмгузор бошанд. Воќеан, имрўз сатњу сифати зиндагии мардуми тољик нисбати солњои пешин бењтар шудааст. Президенти мамлакат дар Паёми навбатї таъкид доштанд, ки њадафи Њукумат бояд барои бењбуди њаёти сокинон равона карда шавад ва яке аз роњњои њалли ин бунёди корхонањои саноатї, вусъат бахшидани соњибкорї ва фароњам овардани љойи кор мебошад. Итминони комил дорем, ки сокинони сарбаланди Тољикистон, хусусан соњибкорон, бо истифода аз ин имкониятњои фароњамсохтаи Њукумат дар бунёди корхонањои саноатї сањмгузор мешаванд. Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар баробари дигар самтњои хољагии халќ дар Паём махсусан дар бораи забономўзии хонандагони муассисањои таълимї, донишљўёни муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи касбї диќќати зарурї дода, аз љумла ёдрас намуданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тољикиро мисли модар ва ватани худ дўст дорем ва онро њамчун гавњари бебањои њастиамон њифз кунем… Аз ин рў, њар як фарди бедордил бояд барои ѓанї гардидани забони модарї ва омўхтани забонњои хориљї кўшиш кунад, ба мутолиаи китоб диќќати аввалиндараља дињад ва љињати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд». Имрўзњо сатњу сифати

илмомўзии љавонону наврасон нисбати солњои ќаблї бењтар гардидааст. Бо маќсади боз њам рўњбаланд гардидани шавќи китобхонии наврасону љавонон соли равон аз љониби Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної» баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди хонандагони муассисањои таълимї ва олии касбии мамлакат ширкати фаъолона карда, сатњи илмомўзии худро санљиданд. Ташкил ва ба роњ мондани чунин озмунњо иќдоми сариваќтї буда, шавќи наврасону љавононро ба китобхонї бењтар мегардонад. Возењ аст, ки соњаи илму маориф дар сиёсати феълии Њукумати љумњурї дар сархати аввал боќї монда, дар тањкими пояњои давлатдорї наќши калидї дорад. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат дар Паём пешнињод намуданд, ки ба хотири боз њам бењтар ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, барои тавсеаи тафакури техникии насли наврас соли 2020 – 2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф эълон карда шаванд». Бояд гуфт, ки аз назари мазмун ва муњтаво Паёми навбатии Президенти мамлакатро метавон ба як ќатор бахшњои муњиму асосї људо намуд, ки њар кадоме аз онњо бањри рушду устувори таъмини зиндагии сокинони кишвар наќши бориз доранд. Олимшо Бањодурзода, муовини сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтаќаи Кўлоб

Ба муносибати 75-солагии Ѓалаба дар ЉБВ

Њабиб Юсуфї шоири љанговар, љавонмарг ва ормонии миллат Њабиб Юсуфї шоирест, ки замони Шўравї дар адабиёти тољик, инчунин доираи васеи хонандагони Иттињоди Шўравї эњтироми махсус дошт. Дар барномаи таълимии мактабњои миёна ин шоири љавонмаргу њомии Ватан љой ва мавќеи хосае дошт ва ўро насли замони собиќ Шўравї зиёд дўст медошт. Њабиб Юсуфї соли 1916 дар мањаллаи Боѓи Шамоли шањри Самарќанд ба дунё омадааст. Маълумоти аввалинро дар назди падараш, мударриси мадраса гирифтааст. Баъдан мактаби нави шўравї ва соли 1940, факултаи филологии Донишгоњи давлатии Ўзбекистон, воќеъ дар шањри Самарќандро ба итмом расонидааст. Ба њайси омўзгори омўзишгоњи педагогии Тољикистон дар шањри Сталинобод кор намуда, баъдан дар вазифаи ходими пажўњишгоњи таърих, забону адабиёти филиали Академияи фанњои Иттињоди Шўравї дар Тољикистон иљрои вазифа намудааст. Аз замони хурдї ба шеъру шоирї майл дошт ва асосан аз соли 1936 ба таври љиддї ба эљоди шеъру тарљумонї машѓул гаштааст. Аз соли 1939 узви Иттифоќи нависандагони Иттињоди Шўравї буд. Њабиб Юсуфї яке аз шоирони ватандўстест, ки то замони саршавии Љанги Бузурги Ватанї низ дар хусуси ватанпарастї, дўстдории кишвар, њифзи он менавишт. Махсусан ў муборизи беамони њаракати зиддифашистї буда, забти Чехословакияро дар соли 1938 аз љониби Гитлер дар шеъри «Ин ватан зинда дар љањон мабод!» сахт мазаммат кардааст: Боз пўшида рўи оламро, Абрњои сиёњи пурвањшат, Мекунад тира ќалби одамро, Боз андешањои пурвањшат. Умуман, мавзўи ишќи Ватан, ифтихор аз артиши сафшикани Шўравї, яке аз мавзўъњои њассостарини шоир будааст. Шоир соли 1936 шеъри пурсадо ва машњури худ «Ишќи Ватан»-ро навиштааст. Зи ишќи Ватан љўш дорад дилам, Ба њарфи Ватан гўш дорад дилам, Ватанро бинозам, маро дар канор, Чу модар гирифту намуд бахтиёр. Ин шеъри равон ва зеборо замони шўравї Њофизи халќии Тољикистон, устоди шодравон Абдулло Назрї бо як оњангу овози басо марѓуб мехонд ва байни мардуми шарифи

тољик пуровоза буд. Мањз мавзўи ватанпарастї шоири љавонро ба шоири муборизи зидди истилогарони миллиитаризм ва фашизми он замон рўзананда табдил додааст. Бењуда нест, ки соли 1938 шеъри машњури «Тфу бар ту эй гурги малъун, тфу»-ро ба фитнагарони Љопон, ки ба хоки Иттињоди Шўравї чашм ало карда буданд, эљод намудааст:

Бикаш даст аз домони ин Ватан, Вагарна људо гардї аз љону тан! Шоир њанўз як сол пеш аз њуљуми ањриманонаи фашистон дар шеъри «Он замон ту маро тамошо кун» (соли 1940) суруда буд: - Чун шавад љанг -зидди љанг эълон, Ман кашам наъра, ки бизан акнун! Ман мубориз,чунон занам љавлон, Он замон ту маро тамошо кун! Чун соли 1941 Германияи фашистї ањдшиканона ба хоки шўравї њуљум кард, тамоми мардуми шўравї, якдилу якљон ба мубориза бархостанд ва табиист, ки шоири ошиќи ватан, шоири љавон ва пуровоза Њабиб Юсуфї аз ин маърака дар канор намонд.

Њамон ваќт буд, ки шеъри бисёр аълои даъватиашро эљод кард (с.1941) бо номи «Ман ватанро беш аз њарваќта дорам дўсттар»: «Ваќти он аст эй ќалам буррандатар гардї зи теѓ! Ваќти он аст, эй сухан ѓуррандатар гардї зи барќ! То ба душман њамла орам, решааш бурї зи бех, То расї, манњус-анчарро кунї бешоху барг!» Њабиб Юсуфї соли 1942 ба хизмат даъват шуд ва омўзишгоњи њарбиро хатм намуда, соли 1943 бо рутбаи лейтенантї ба љабњаи Ленинград фиристода шуд. Командири батареяи артиллерї буд. Дар озод намудани Прибалтика ва хоки Полша ќањрамонї нишон додааст. Бо ордени Ситораи Сурх, медали «Барои мудофиаи Ленинград» ќадршиносї гаштааст. Соли 1945 њангоми озодкунии Варшава љароњат бардошта, санаи 22-юми феврали њамон сол дар синни 29-солагї, аз бемории гангренаи пой фавтидааст.Турбаташ дар хоки Полша мадфун аст. Маротибаи аввалин баъди вафоти шоир соли 1962, маљмўаи шеърњо ва тарљумањояш дар 350 сањифа чоп гаштанд, ки аз боби шеърњо, рубоиёт, шеърњои нотамом, осори ба тозагї ёфташудаи шоир ва тарљумањо иборат буд. Солњои 70-уми асри гузашта бошад, бо номи «Сатрњои нотамом» шеърњои ин шоири љанговари тољик, Лауреати мукофоти умумииттифоќии ба номи Фадеев рўи чопро диданд. Замони Шўравї шеърњояш дар нашриёти бонуфузи «Советский писатель» соли 1977 чоп шудаанд. Дар замони соњибистиќлолї шеърњои ин шоири бузургу љавон ва љавонмарг, ки саропо аз ишќи ватан, њимояи ватананд, бояд зиёд чоп ва омўзонда шаванд. Зеро шеърњои ин шоири шањир, шоири љанговар ва љавонмарги мо дар њар давру замон барои насли нав-рас, љавонон мактаби хуби ватандўстї, худшиносї ва шуљоатпазирї хоњад буд. Варќа Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараљаи 1 Узви ИЖТ, Аълочии матбуот ва фарњанги Љумњурии Тољикистон

Мушкилот дар соњаи кирмакпарварї Дар мавсими имсола кирмакпарварони ноњияи Вахш аз љониби ЉДММ «Тољик-Силк» бо 530 ќуттии кирмак таъмин карда шудаанд. Бинобар маълумотњои Раёсати кишоварзии ноњия дар парвариши кирмак ва истењсоли пиллаи хушсифат сокинони Љамоати дењоти «20-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон» пешсаф мебошанд. Онњо парваришу нигоњубини 240 ќуттии кирмакро ба уњда гирифтаанд. Ба гуфтаи Малика Сафарова, сариќтисодчии Раёсати кишоварзии ноњия соли гузашта кирмакпарварони ноњия аз 544 ќуттии кирмак беш аз 24 њазору

500 киллограмм пиллаи хушсифат ба даст оварда буданд. Айни замон дар њудуди ноњия 3800 бех дарахти тут мављуд аст, ки барои таъмини ѓизои кирмак кифоят мекунад. Аз суњбат бо кирмакпарварон бар меояд, ки як масъалаи

њалталаб дар ин самт баланд нагардидани нарху навои пилла мебошад. Зеро айни замон барои парвариши 1 килограмм пиллаи хушсифат њамагї 10 сомонї пардохт мешавад, ки ин аз нигоњи кирмакпарварон музди нињоят ночиз аст. Зеро барои хуб ба роњ мондани кори кирмакпарварї ва љамъоварии пилла ваќту неруи зиёди корї сарф мешавад. Аз сўи дигар, бо мурури бењбудии сатњи иљтимоии ањолї ва боло рафтани маъри-

фати зебоипарастию эстетикаи нигоњдории манзилњои зист сокинон хоњиши онро надоранд, ки дар манзилу хољагињои ёрирасони худ парвариши кирмакро ба роњ монанд. Ба ќавли кирмакпарварон имрўз ваќти он омадааст, ки масъулони соња аз иљроиши «Барномаи рушди соњаи кирмакпарварї ва коркарди пилла дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 20122020» натиљагирї намуда, барои њаллу фасли мушкилињои мављуда тадбирњои мушаххас андешанд. Зеро дар барномаи мазкур ин ва дигар масоили њалталаби соња ва роњњои њаллу фасли мушкилињои мављуда пешбинї гардидааст. Љ. САЙФИДДИН, «Хатлон»

Аз њаёти одамони наљиб

Аз мењнат соњибобрў гаштааст Баъдтар, яъне соли 1987 бригадаи Нарзуллоро ба трести “Промстрой “гузаронданд. Аъзои бригада дар сохтмони заводи кимиёи тољик, ки дар солњои 80-и асри 20 яке аз сохтмонњои зарбдор ба њисоб мерафт, ба кор сар карданд. Дар корпусњои гипохлориди калсий, фреон њиссаи худро гузоштанд . Дар ин сохтмони азими аср тамоми миллату халќиятњои Иттифоќи Шўравї кор мекарданд. Танњо баъди воќеањои маълум заводи электрохимиявї аз фаъолият бозмонд ва аксари коркунони инженертехникї аз Тољикистон кўч бастанд... Соли 1997 дар ќатори дигар ташкилотњои сохтмонии љумњурї трести “Промстрой” дар сохтмони њайкали Исмоили Сомонї дар пойтахти Тољикистоншањри Душанбе иштирок намуд. Аъзоёи бригадаи Нарзулло Шарифов низ дар сохтмони њайкал иштирок доштанд. Онњо корро аз санги аввал сар карданд ва то ба истифода супоридани њайкали Исмоили Сомонї шабонарўз мењнат намуданд. Кори сохтмон дар ду баст давом мекард. Аъзои бригадаи Нарзулло дар њайати 36 нафар бо дили гарму мењнати софдилона корњои сохтмониро ба анљом мерасонданд. Аъзои бригада чандин маротиба сазовори мукофотњои пулию молї гардидаанд. Мањмуд Бобохонов, Ибод Гадоев, Музаффар Њайдаров, Бањрулло Шарифов ва дигарон аз љумлаи он коргарони бригада буданд, ки наќши дастонашон дар бунёди муљассамаи аср гузошта шудааст. Њар ваќт, ки ба шањри Душанбе меоАз овони кўдакї Дар рўзњои иди Наврўз бобою набера ба тамошои иди янд, ба муљассама нигарисдар дили Нарзулло бањор ба шањри Душанбе рафтанд. Њарду тамошоро аз боѓњои та, дилашонро фарање хуш њаваси сохтмончї гулпўши пойтахт шурўъ намуда, сипас ба майдони назди мегардонад, ки онњо дар шудан реша меда- њайкали Исмоили Сомонї омаданд. Набера ба њайкалу санъ- сохтмони њайкали Исмоивонд. Хонањои 3-4 ати меъмории он дурудароз назар дўхту баъдан аз бобояш пур- ли Сомонї сањм доранд. ошёнае, ки дар марка- сид: Як зумра пешќадамонро - Бобољон, ин њайкали зеборо кї ва кай сохта бошад? зи шањраки Ёвон ќад бо мукофотњои давлаЊайкали Исмоили Сомониро якчанд ташкилотњои меафрохтанд, барояш тию њукуматї сарфабинокорї сохтаанд, аз љумла аъзои бригадаи ман њам дар сохафсонаро мемонд. Ба тмони њайкал иштирок доштанд. Ин њайкал соли 1999 ба му- роз гардониданд, аз кори крану мошинњои носибати 1100-солагии аввалин давлати тољикон-Сомониён љумла, сардори бриборкаш дурудароз мени- ба истифода супорида шуд, - бо ифтихор љавоб дод бобо. гадаи “Промстрой” гарист ва медид, ки бино- Бобою набера боз аз чандин љойњои зебоманзари пойНарзулло Шарифов корон хишт болои хишт тахт дидан намуданд ва бегоњ бо табъи болида ба дења бар- барои корњои шоёгузошта, девор мебардош- гаштанд. наш бо имзои Претанд. Плитањои бетониро зиденти Љумњурии кранњои борбардор бардошта, девори хонаро устуТољикистон, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон бо Ифвор мекарданд. Ин њамаро дида, њавасаш меомад ва тихорнома мукофотонида шудааст. Бригадаи Нарањд кард, ки бинокор мешавад. Њамин буд, ки баъзулло Шарифов шаш соли дигар дар Наврўзгоњ ди хатми мактаби миёна соли 1969 њуљљатњояшро ва сохтмони шаршара мењнат карданд. Мањсули ба техникуми сохтмонии шањри Душанбе супомењнати аъзои бригада ба њамаи сокинону мењмонон рид. Баъди хатми факултети сохтмони гражданї хурсандї меорад, чунки бо мањорати бенињоят басоли 1972 ба Ёвон омад. Ўро дар трести бинокории ланди касбї, зебо сохта шудаанд. Њоло аъзои бри“Тољикхимсохтмон”, ки иншоотњои стратегии замогадаи сохтмонии Нарзулло Шарифов дар сохтмони наро месохт, ба кор ќабул карданд. Ў дар як мудлитсейи президентї, воќеъ дар ноњияи Фирдавсии дати кўтоњ ќобилияти кордониашро нишон дод ва шањри Душанбе иштирок доранд. сардори бригадаи Раёсати сохтмонии раќами 27 Њангоме ки бо Нарзулло суњбат доштем, шахсе таъйинаш намуданд. Ба зудї бригадааш дар сохтаз ноњияи Њисор занг зада, хоњиш намуд, ки љињати мони заводи кимиёи Ёвон дар ќатори пешќадамон тартиб додани тарњи хонаи навмесохтааш ба ў кумак љойгир шуд. расонад. Њарчанд синну соли Нарзулло ба 70 расиЎ солњои 1976-1980 дар љамъбасти наќшаи дааст, вале чусту чолок, серњаракат мебошад. Ў ба панљсола ѓолиби мусобиќаи сотсиалистї дониста бисёр касон кумаки худро расонидааст. Ба шахси кошуда, бо мукофотњои таъсиснамудаи трест сазорафтода низ, ки хоњиши тарњи хонаашро карда буд, вор гардидааст. Дар ноњия дар солњои 70-80-и асри ваъда дод, ки пагоњ ба Њисор ба наздаш меояд ва ал20 сохтмони заводњои оњак ва намак давом дошт, батта, барояш тарњи зебоеро пешкаш менамояд. ки бригадаи Нарзулло Шарифов дар бунёди ин Нарзулло Шарифов дар дењаи Чормаѓзаки иншоотњои аср њиссагузор мебошад. Дар панљсолаи ноњияи Ёвон дар њалќаи фарзандону хешу табор дањум ва ёздањуми њизб ва њукумати ваќт мењнати зиндагї менамояд. Соњиби обрў мебошад. Ў арз самараноку софдилонаи ўро ба назар гирифта, соли дошт, ки аз соњибистиќлолии давлати азизамон хур1981 бо медали “ Барои мењнати шоён” ва соли 1986 санд аст. Зеро барои њунармандон имконияти васеи бо медали “Барои мењнати шуљоатнок” мукофотофаъолият фароњам овардааст. ниданд. Зайнулобиддин Њусейнов, ноњияи Ёвон

Хотира

Нахустин гирандагони мукофоти олї Донистани таърих шараф аст. Дар замони Иттифоќи Шўравї аз љумњурињои иттифоќ пешќадамон барои дастовардњои истењсолї сазовори мукофотњои олии ватан мегардиданд. Мо дар бораи аввалин гирандагони мукофоти олї-ордени Ленин аз вилояти Хатлон наќл мекунем. Онњо ду нафар буданд, ду шахси мењнатќарин, дар љодаи мењнат шарафёб. Яке омўзгор буду дар таълиму тарбияи насли наврас ба туфайли зањматњои шабонарўзї ба натиљањои шоиста соњиб гардида ва дигаре кишоварз. Ќањњор Толибов. Ин марди фидоии соњаи маориф соли 1910 ба дунё омадааст. Дар курсњои мањви бесаводї сабаќ гирифта, касби пуршарафи омўзгориро пеша менамояд. Зеро он солњо ватан бештар ба кадрњои педагогї ниёз дошт. Одамони соњибмаълумот хеле кам буданд. Замона бошад, ашхоси соњибихтисосро таќозо мекард. Дар чунин ваќту замон Ќањњор ба маќсадаш расид. Хонда омўзгор шуд. Ў соли 1929 дар

Кангурт ба мардум дарс мегуфт, талаботи замони навро ба онњо мефањмонд. Мегуфт, ки дар шароити нав одамони соњибилму бомаърифат корро пеш бурда метавонанд. Замона ноором буд. Сари њар ќадам мушкилињо пеш меомад. Душманони давр дар њаќќи ў суханони носазо гуфта, ќасди љонашро мекарданд. Вале ў нањаросида корашро давом медод. Ин марди фидоии соњаи маориф бо вуљуди мушкилињо шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба камол расонидааст. Шогирдони ў имрўз омўзгор, духтур, муњандис, олим, агроном ва кормандони соњањои дигар буда, дар рушди босуботи ватани мањбуб сањм мегузоранд. Соли 1938 Ќањњор Толибов ва пахтачиндухтари колхози Комсомоли собиќ ноњияи Октябри водии Вахш Бозорой Асадоваро ба Москва даъват менамоянд. Намояндаи њукумати Шўравї М.И.Калинин ба онњо дар вазъияти тантанавї мукофоти Олии ватан-ордени Ленинро месупорад.

Сањифањои китоби рангини омўзгорро вараќ мезанем. Ќариб ним асри њаёташро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Ў дар вазифаи мудири мактабњои дењањои Корез, Кибил, Тутќавул, Гумсул, Ѓиљовак, Оќсу, Булёни Поён ва дигар дењањои Данѓара фаъолона мењнат кардааст. Соли 1947 ўро бо медали “Барои мењнати шуљоатнок дар Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945” сазовор гардонданд. Соли 1970 ба нафаќа баромад, вале фаъолияташро то охири умр давом дода, соли 1978 аз олам чашм пўшид... Ин омўзгори номвар дар дењаи Корези ноњияи Данѓара дар синфи якум ба ман њам дарс гуфтааст. Дарсњои пурмазмуну шавќовар ва садои мењрубононаи ўро њељ гоњ фаромўш нахоњам кард. Ў ба мо чунин панд медод:”Бачањо, аз сидќи дил хонед, албатта, ба маќсади худ мерасед, соњибобрў гашта, мавќеи хешро меёбед”. Ин панди падаронаи устод то њанўз моро рањнамо аст. Б. САЙДАЛИЕВ

Нињолшинонї дар Ховалинг Дар боѓи Парчам ва Нишони давлатї бо ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ховалинг беш аз 100 бех нињолњои ороишию сояафкан шинонида шуд, ки аксари онњо аз хориљи кишвар дастрас шудаанд. Нињолњои шинонидашуда зебою назаррабо буда, ба боѓ њусни дигар зам мекунанд. Ба гуфти мутахассисони соња нињолњои магнолия ба шароити иќлими кишвари мо мутобиќ мебошанд ва дар њолати риояи ќоидањои агротехникї ва нигоњубини онњо солњои зиёд сабзу хуррам боќї хоњанд монд. Имрўзњо дар дењаи Боѓчаи Љамоати дењоти “Љомбахт” бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва љалби соњибкорони мањаллї сангфаршкунии роњњоро оѓоз карданд. Дар дењаи мазкур наздики 100 оила зиндагї мекунанд ва мушкилоти асосии онњо набудани роњ ва дар фаслњои зимистону бањор ќатъ гардидани њаракати техникаи мусофирбар буд. Соњибкорони мањаллї дар Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї ва бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо дастгирї аз иќдомњои созандаи Роњбари давлат ба тахту њамвор ва сангфаршкунии роњњо шурўъ намуданд.

Њамзаалї Табаров, раиси мањаллаи Боѓча чунин иброз дошт: «Роњњои дења дар њолати ногувор ќарор доштанд. Соли равон яке аз соњибкори муваффаќи дења барои сангфаршкунии роњ ба мо кумак расонид. То имрўз масофаи 2400 метр роњро сангфарш кардем». Дар корњои ободонї ва бунёдкорї беш аз 10 техникаи пуриќтидори роњсозї, техника ва мутахассисони Муассисаи давлатии нигоњдории роњњои автомобилгарди ноњия љалб карда шуданд. Сокинони дења низ њамарўза ба њашар баромада, ба роњсозон кумак мерасонанд. Соњибкори ватанї Абдулло Њасанов соли 2019 дар ин дења сутунпоя ва хатњои барќиро пурра иваз намуда, сокинонро бо оби ошомиданї таъмин карда буд. Њоло бошад, дар баробари азнавсозии хатњои барќї, ки беш аз 30 сутунпояи оњану бетонї шинонида, садњо метр хатти барќ кашониданд, инчунин корњои равшанидињиро дар кўчањо анљом додаанд. Дар назар аст фасли тобистон масофаи беш аз 2500 метрро пурра мумфарш намоянд, ки бо ин васила роњи дења бо маркази ноњия мепайвандад. С. Ширинљон

Мавзўи рўз

Пешгирї аз коронавирус дар минтаќаи Кўлоб Имрўзњо пањншавии коронавирус љомеаи љањониро ба ташвиш овардааст. Мувофиќи иттилои Ташкилоти умумиљањонии тандурустї њамарўза дар курраи замин њазорон нафар ба ин беморї мубтало гардида, садњо нафар ба њалокат мерасанд. Хушбахтона, дар кишвари мо, бино бар иттилои Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, то имрўз ягон њолати сироятёбї ба ќайд гирифта нашудааст ва бањри пешгирї аз пайдоиши он тамоми чорањо андешида мешавад. Бо маќсади огањї ёфтан аз чорањои пешгирї дар шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб бо сармутахассиси шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтаќаи Кўлоб Искандаршо Мирзоев њамсуњбат шудем. -Айни замон дар шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб бањри пешгирї аз пайдоиш ва пањншавии коронавирус чї тадбирњо андешида шудааст? - Тибќи супориши раиси вилояти Хатлон ва фармони Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар њамаи шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб шуъбањои омодабош барои ќабули шањрвандоне, ки аз кишварњои њамсоя, ба воситаи ќатораю тайёра ба минтаќа ворид мешаванд, ташкил гардидааст. - Шањрвандоне, ки ба минтаќа ворид мегарданд, чї гуна ќабул ва дар куљо ба карантин фаро гирифта мешаванд? - Вобаста ба супориши раиси вилояти Хатлон дар минтаќаи Кўлоб гурўњи корї дар њайати Раёсати тандурус-

тии вилояти Хатлон, Маркази санитарию эпидемиолигии вилояти Хатлон дар минтаќаи Кўлоб, хадамоти тиббї дар минтаќа ташкил карда ба шањру ноњияњо сафарбар шудаанд. Њамаи шањрвандоне, ки ба минтаќаи Кўлоб аз хориљи кишвар ворид мешаванд, аз муоинаи тиббї гузаронида шуда, дар беморхонаи сироятии вилоятї дар шањри Кўлоб ва беморхонаи шањрї ба муњлати 15 рўз бистарї карда мешаванд. Њоло дар беморхонањои шањру ноњияњо низ катњои иловагї ташкил карда шудааст ва маводњои тиббию хўрока ба ќадри кофї захира гардидааст. - То имрўз чанд нафар шањрвандон аз хориљи кишвар ворид шудаанд ва баъди муњлати карантин чанд нафари онњо аз беморхона рухсат шу-

данд? - Шањрвандоне, ки аз давлати Россия ба шањри Кўлоб ворид гардидаанд, 153 нафар мебошанд ва онњо дар беморхонаи сироятии вилоятї дар шањри Кўлоб ва беморхонаи шањрї бистарї карда шудаанд. То имрўз 23 нафари онњо љавоб шуда, боќимонда баъди 15 рўзи муњлати карантинї рухсат мешаванд ва дар ягон нафари онњо нишонањои коронавирус пайдо нагардидааст. - Дар беморхонањои минтаќаи Кўлоб барои ќабул ва ба карантин фаро гирифтани чанд нафар шањрвандон шароит муњайё карда шудааст, чї ќадар кат омодааст? - Айни замон барои ќабули шањрвандони аз хориљи кишвар дар беморхонањои шањру ноњияњои минтаќа 850 кат омода карда шудааст. Бо дастгирии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва раисони шањру ноњияњо маводи хўрока ва лавозимоти тиббї захира карда шудааст. - Њоло чї ќадар мањлули безараргардонї, доруворї, хилъату дастпўшак ва ниќоб дастрас шудааст? - Ба ин масъала диќќати љиддї дода мешавад ва то имрўз

маводњои безараргардонї 3810 кг, хлор 500 л, ниќоб 18900 адад, дастпўшак 9405 љуфт, бахил 2830 адад ва рахти хобу дигар маводњо захира карда шудаанд. Дар баробари ин ситод дар назди раиси шањри Кўлоб њамарўза гузаронида шуда, оид ба омодагї ва корњои анљомдодашуда њисобот пешнињод мегардад. -Умуман вазъ дар минтаќа чї гуна аст? - Хушбахтона, дар њоли њозир вазъ ором аст. Дар байни сокинон корњои фањмондадињї аз љониби гурўњњои корї, ки аз мутахассисони соњаи тандурустї ва фаъолон иборат аст, бурда мешавад. Маводњои тарѓиботїташвиќотї таќсим карда шуда, дар љойњои серодам ва ташкилоту корхонањо насб карда шудаанд. Шањрвандонро зарур аст, ки ќоидањои санитарї эпидемиологиро риоя намуда, ба њар гуна овозањо бовар накунанд. Аз љониби роњбарияти олии кишвар ва Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон барои пешгирї аз пайдоиш ва пањншавии бемории коронавирус тамоми чорањо андешида шуда, мо барои солимии љомеа аз њама роњу воситањо истифода мебарем, зеро саломатии ањолї боигарии давлат аст. Ш. Сафарзода

Илољи воќеа пеш аз вуќўъ Ќаблан лозим медонам сухани худро бо таъкиду дастуроти Паёмбари азизамон Муњаммад (с) оѓоз намоям, ки марбут ба пешгирии њама гуна беморињо хондани ин дуоро фармудаанд. “Парвардигоро! Паноњ мебарам ба ту аз песї ва девонагї ва аз љузом ва аз беморињои бад!”. Имрўзњо дар беш аз 200 кишвари олам бемории бо ном коронавирус Covid-19 ба ќайд гирифта шуда, шањрвандони кулли саёраро ба тањлука овардааст. Зеро ин беморї бо суръати баланд пањн гардида, боиси сироятёбии зиёд аз 1,6 миллион ва марги беш аз 100 њазор сокинони олам гардидааст. То рўзу соате, ки олимону мутахассисони соњаи тибб доруи дармони ин вабои асрро кашф намуда, дар пешгирии он пурра ноил мегарданд, мутаассифона, ин мавзўъ нигароникунанда боќї мемонад. Хушбахтона, алъон дар кишвари мо ин беморї ба ќайд гирифта нашудааст, аммо чї тавре дар урфият мегўянд; “Илољи воќеа пеш аз вуќўъ”. Бо дарки чунин њикмату дастуроти судманд ва бо маќсади пешгирї аз ин беморї дар ќаламрави кишвар масъулони соња тадбирандешї намуда, аз тамоми имкониятњо истифода бурда истодаанд. Имрўз, риояи ќоидањои гигиенаи шахсї ва љамъиятї масъалаи аввалиндараља ба њисоб рафта, иљрои тавсияи табибон дар ин маврид заруру њатмї аст. Бо ин маќсад, то ба имрўз борњо Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон даъват ба амал оварда буданд, ки љињати пешгирї ва солимгардонии љомеа њамеша бояд аз имкониятњо самаранок истифода бурд. Хосса зимни яке аз баромадњояшон чунин гуфтаанд: “Њадафи стратегии давлату Њукумат дар соњаи тандурустї бо роњи ташвиќу тарѓиби тарзи њаёти солим, таъмин намудани солимии ањолї, бењтар гардонидани нишондињандањои дарозумрии инсон, паст намудани сатњи беморї, маъюбї, фавти модару кўдак, пешгирї кардани беморињои гуногуни сироятї, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарї, назорати

бехатарии маводи хўрокворї ва тарбияи кадрњои баландихтисоси соња мебошад”. Айни замон бо дарназардошти амри Сарвари давлат дар шањру ноњияњои кишвар масъулон чораандешї намуда истодаанд. Аз љумла, тањти роњбарии раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ситоди вилоятї созмон дода шуда, бо маќсади пешгирии ин беморї наќшањои судманд дар амал татбиќ мегарданд. Дар тамоми ташкилоту муассисањо ва масљиду дигар љойњои љамъиятї наќшаи кории ситоди вилоятї амалї шуда, пайваста раванди кори он назорат карда мешавад. Мо, ходимони дин низ вазифадорем, ки баъди адои намоз бо ањли намозгузорон аз дастуроти роњбарияти ситод ва њадисњои набавї ёдоварї намоем. Шояд ана њамин тозакориву пешгирии хуби мардуми кишвар аст, ки хушбахтона, дар мо ин беморї вуљуд надорад. Имрўз тибќи тавсияњои мутахассисон истифодаи сачоќњои яккарата, собуну дигар лавозимоти эњтиётї дар тамоми масољиди вилоят истифода мешавад. Мавриди зикр аст, ки имрўз мардуми шарифи кишварамон њам моњияти ин мавзўъро дарк намуда, ќоидањои гигиенаи шахсиву љамъиятиро риоя менамоянд. Бо дарки моњияти риояи ќоидањои санитарї ва пешгирї аз бемории коронавирус мардум медонанд, ки чї гуна амалњоро иљро намоянд. Њадиси њабиби Худоро месазад ёдовар гардид, ки дар ин гуна њолатњо фармудаанд: “Аз беморињои сироятї дурї љўед”. Воќеан дурї љустану эњтиёт намудан шарт аст. Мусаллам аст, ки имрўзњо як ќисми шањрвандони дар хориљи кишвар ќарордоштаи мо, хоњони бозгашт ба Ватан мебошанд. Аммо набояд фаромўш кард, ки дар пайвастагї ба њолати љойдошта боз њам бояд фармудаи Расули Худоро итоат намуд, ки мазмунан чунин аст: “Ваќте рољеъ ба бемории сирояткунанда дар сарзамине иттилоъ ёфтед, ба он дохил нашавед ва њар гоњ дар сарзамине будед, ки онљо бемории сироятї хуруљ кард, пас аз он сарзамин берун нашавед”. Тавре огоњї дорем, дар тўли таърих башарият борњо шоњиди хуруљи беморињои

сироятї буду мардум дар чунин њолатњо бо оромиву сабру тањаммулпазирї аз усулњои пешгирї аз пањншавии ин беморињо истифода мебурд. Аз ин хотир, моро низ зарур аст, ки тањаммулпазирї пеша намуда, бо пайвандони дар хориљ ќарордоштаи худ тамос гирифта, ин мавзўро оромона матрањ намоем. Умедворем, ки бо риояи бечунучарои тавсияи табибон бобати пешгирї аз пањншавии беморињои сироятї мо ба зудї ба ин беморї ѓолиб меоем. Њамчунин, бояд тазаккур дод, ки имрўзњо баъзе душманони миллати мо аз хориљи кишвар истода, сару садоњои беасосеро овоза намуда, моро туњмат мекунанд, ки гўё дар Тољикистон ба ин масъала чандон эътибор намедињанд. Аз ин рў, посухи сањењ бар иддаои онњо ин аст, ки имрўз мардуми кишвар бо сарварии Пешвои муаззами хеш ба масъалаи солимии љомеа эътибои љиддї медињанд. Гарчанде ин беморї дар кишвари мо ба ќайд гирифта нашуда бошад њам, аммо корњои пешгирї дар ин самт мувофиќи матлаб буда, мардум аз дастгириву пуштибонии Њукумати кишвар миннатдор аст. Бузургон гуфтаанд: “Хушбахт нафарест, ки гузаштаро ба некї ёдовар шуда, имрўзро шукргузор асту ба ояндаи дурахшон умед дорад”. Мо низ орзуи онро дорем, ки ояндаи дурахшоне мардуми кишвари мо ва кулли оламиёнро насиб гардад. Усмоналї Нурзода, муовини раиси Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шањри Бохтар.

гини истењсоли ватанї истифода бурда мешаванд. Коргоњи дўзандагї дар наздикии хобгоњи донишљўён воќеъ аст. 15 нафар донишљўдухтароне, ки дар хобгоњ зиндагї мекунанд ва касби дўзандагиро азбар кардаанд ва ба дўхтани ниќоб машѓул мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки мањсулот барои омода кардани ниќоб аз тарафи донишгоњ таъмин карда шуда, дар як рўз то 500 ниќоб истењсол мешавад. Намунаи ниќоби тиббї бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон њамоњанг шудааст.

КОРЊОИ БЕЗАРАРГАРДОНЇ БА РОЊ МОНДА ШУДАНД Бо ин маќсад дар ноњияи Ёвон аз њисоби шуъбањои дезинфексионии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологї ва маркази касалињои тропикии шуъбаи дезинфексионї гурўњњои махсус ташкил гардидааст. Аз тарафи гурўњњои дезинфексионї дар 1 њазору 133 хољагї, 100 муассисаи таълимї, 176 масљид, бозори марказии ноњия ва тамоми ташкилоту муассисањои ноњиявї корњои безараргардонї

ТИББИ ОИЛАВЇ-тарѓибгари тарзи њаёти солим

Яке аз афзалиятњои асосии ислоњотии соњаи тандурустии Тољикистон, ки аз стратегияи миллии солимии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2020 бармеояд, рушди сифатноки кумаки аввалияи тиббию санитарї мебошад, ки ба тибби оилавї асос ёфтааст. Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон аз соли 2000-ум ба фаъолият оѓоз намудааст. Дар ин давра бо кумаки шарикони рушд аз тарафи њамшира ва табибон дар Љумњурии Ќирѓизистон ва дар шањри Душанбе дар курсњои махсуси яксолаи бозомузї дар самти тибби оилавї њамчун тренер-омўзгор омода шуда, то ин љониб дар МТК ТО вилояти Хатлон пурсамар фаъолият карда истодаанд. Дастовардњое, ки дар самти тибби оилавии вилоят ба назар мерасанд, ин њам бошад, аз њисоби дастгирии шарики рушд мебошад. Аз љониби лоињаи Бонки умумиљањонї ва маблаѓгузории мањаллї дар њудуди вилоят 791 нафар табиби тибби оилавї ва 1041 нафар њамшираи тибби оилавї омода гаштаанд. Маќсади табибон ва њамширањои тибби

оилавї ин нафаќат пешгирию табобати беморињо, инчунин ба њар як нафари оила аз оѓози таваллуд то охири лањзаи њаёт ёрии иљтимоию психологї ва масъалањои гендерї, баќайдгирї ва назорати занони њомиладор, расонидани кумаки палмативї ба беморони музмин, маюбон, масъалањои тарѓиби тарзи њаёти солимро дарбар мегирад. Усулњои тибби оилавї як тафовут дорад, ки масъулияти њифзу нигоњубини саломатии ањолї, шахси алоњида на танњо ба дўши корманди тиб, балки масъулияти њар як шахс мебошад. Табиист, ки њамширањои тибби оилавї дар иљрои кумаки беморону дармондагон дар љойњои зисташон аз имкониятњои техникї фаровон истифода мебаранд. Аз ин лињоз барои мардум имконият фароњам омад, ки ташхис ва табобати мурољиаташонро дар маркази мо анљом бидињанд. Њамшира - омўзгорони марказ бањри сайќал додани донишу малакањои худ пайваста аз курсњои кўтоњмуддати такмили ихтисос гузаштаанд. Дар семинарњои омўзишии дохилию хориљї бо дастгирии Раёсати тандурустии вилоят ва

лоињаи Бонки умумиљањонї аз таљрибаомўзї гузаштанд. Дар натиљаи кўшиш ва корњои амалии директори марказ Зиёвуддинзода Ќувватљон якчанд нафар њамшира - омўзгорони марказ дар озмунњои љумњуриявї ва байналмилалї ширкат варзида, сазовори љойњои ифтихорї гаштаанд. Ин аст, ки яке аз њамшираомўзгори марказ тариќи озмун дар Амрико ва давлати Эстония аз бахши ихтисос бањрабардорї кардааст. Имрўзњо бо роњбарии директор Зиёвуддинзода Ќувватљон бо иштироки фаъолонаи њамшира, фаъолони мањал, љамоат дар самти пешгирии беморињои сироятїкоронавирус, ѓайрисироятї баќайдгирї ва назорати занони њомила, тарѓиби тарзи њаёти солим, риояи фосилаи байни таваллуд ва таъминоти оилањои ниёзманд бо маводњои доруворї дар самти хизматрасонии кумаки аввалияи тиббї ёрї расонида истодаанд. Масъулини соња азм доранд, ки бо истифода аз таваљљуњи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, созмонњои байналмилалї ва имкониятњои Лоињаи Бонки умумиљањонї сатњи хизматрасонии тиббиро баланд бардошта, тадбирњои барномаи тибби оилавиро бењтару хубтар роњандозї намоянд. Сабоњат Мањмадалиева, њамшира-омўзгори Маркази таълимию клиникаи тибби оилавии вилояти Хатлон

Заминфурўшон ба даст афтоданд

ДЎХТАНИ НИЌОБЊОИ ТИББЇ ДАР ДДБ Дар синфхонаи дўзандагии факултети технологияи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дўхтани ниќобњои тиббї ба роњ монда шуд. Тарњи ниќоб аз тарафи мутахассисони факултет бо назардошти меъёрњои стандартї кашида шуда, омўзгорони соњибкасб ва донишљўён ба дўхтани онњо оѓоз намуданд. Бино ба иттилооти Сангимурод Шарипов, сардори Маркази тањлилї-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав, Раёсати донишгоњ тасмим гирифтааст, ки дар њолати зарурї кормандон ва донишљўёни худро бо ниќобњои тиббї таъмин намояд. Барои дўхтани ниќобњо мањсулоти пахта-

3

ХАТЛОН

чоршанбе, 15 апрели соли 2020, №22 (3258)

доир шуда, ин иќдом дар дењот ва дигар субъектњои хољагидории ноњия идома дорад. Њамзамон аз њисоби кормандони сохторњои соњаи тандурустї 87 гурўњи ташвиќотию тарѓиботї таъсис дода шудааст, ки онњо байни мардум оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва риояи ќоидањои гигиенаи шахсї корбарї менамоянд. Комрони БАХТИЁР

Дар соли сипаригардидаи 2019 аз љониби кормандони бахши назорати иљрои ќонунгузории замини прокуратураи вилоят ва ёрдамчиёни прокуророни шањру ноњияњои вилоят бо иштироки раисони шањру ноњияњо, роњбарон ва масъулони маќомоти идораи замин, меъмориву шањрсозї, њифзи муњити зист, хољагињои дењќонї, КДФ “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул”, раисон ва фаъолони мањалњо, имомхатибон ва дигар заминистифодабарандагон, намояндагони ВАО беш аз 360 суњбату вохўрињо оид ба зарурат ва муњиммияти истифодаи маќсадноки замин, бахусус заминњои таъйиноти кишоварзї, оќибатњои манфии ќонунвайронкунию љиноятњо дар ин самт баргузор карда шуд. Њамчунин, аз љониби баъзе шахсони мансабдор њолатњои даст задан ба љинояти хариду фурўши замин љой доранд.

Кормандони Бахши назорати иљрои ќонунгузории замини прокуратураи вилояти Хатлон зимни санљиши маводњои љамъовардашуда бо аризаи шањрванд Эшмуратов Эргаш, сокини ноњияи Ќубодиён, Љамоати шањраки “Ќубодиён”, дењаи Ёвус муайян намуданд, ки Ѓафурова Б.Н. сокини њамин ноњия, Љамоати дењоти “Носири Хусрав”, дењаи Арабхона, муовини раиси Љамоати шањраки “Ќубодиён”, ваќти ба њайси раиси Љамоати шањраки “Носири Хусрав”-и ноњияи Ќубодиён кор карданаш, бо истифода аз мансаб, дидаву дониста, ки ваколати ба шањрвандон људо карда додани ќитъаи заминро барои бунёди манзили истиќоматї надорад, бар хилофи талаботи моддањои 29 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон амал намуда, ќитъаи замини дар тарњњои №111 ва 113 харитаи заминистифодабарии собиќ хољагии “Телман” бо гурўњи заминњои чарогоњ дохилшударо људо намуда додааст. Барои ин ѓайриќонунї, бе ягон њуљљатњои дахлдор, аз ќабили ќарори раиси ноњия ва Сертификати њуќуќи истифодабарии замин, аз номбурда 5000 (панљ њазор) доллари ИМА гирифта, аз тарњи №111 майдони 0,10 га ва тарњи №113 майдони 0,22 га љамъ 0,32 га ќитъаи замини наздињавлигї људо карда, ба ў иљозати сохтмон намуданро дода, дар муњлати наздик њуљљатњои вобаста ба ин ќитъаи замин омода карданро ба уњда гирифтааст. Ў маблаѓи 5000 (панљ њазор) доллари ИМА гирифтаашро ба манфиати шахсиаш истифода намуда, то ин љониб ба Эшмуратов Э. њуљљатњои вобаста ба ќитъаи заминро надодааст. Оид ба њолати мазкур, аз љониби прокуратураи вилояти Хатлон санаи 14.07.2019 нисбати Ѓафурова Б.Н. бо моддаи 247 ќисми 3 банди “а”-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон

парвандаи љиноятї оѓоз шуда, барои гузаронидани тафтишоти пешакї ба прокуратураи ноњияи Ќубодиён ирсол карда шуд. Масъулини назорати иљрои ќонунгузории замин бояд барои пешгирии њолатњои ќонунвайронкунї чорањои мушаххас андешанд. Рустамов Наљмуддин, истиќоматкунандаи дењаи Боњтуробод, Љамоати дењоти “Гулистон”-и шањри Левакант, оиладор, дар вазифаи мудири Бахши кишоварзии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Левакант ва дар як ваќт узви комиссияи љамъиятии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр кор карда, дидаву дониста, ки ваколати ба шањрвандон људо карда додани ќитъаи замини наздињавлигиро барои бунёди манзили истиќоматї надорад, бар хилофи талаботи моддаи 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон “Дар барои маќомоти мањаллии њокимияти давлатї” ва моддаи 71 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон амал намуда, ќитъаи замини зери сохтмони нуќтаи обтаъминкунї дар тарњи №189 љойгирбударо, ки бо ќарори раиси шањри Левакант аз 02.12.2013 тањти №439 майдони 1.02 га барои сохтмони манзили истиќоматї, бањри истифодабарии бемуњлат ба кооперативи истењсолии “20-солагии Истиќлолияти ватан” дода шудааст, тобистони соли 2016 ѓайриќонунї ба 16 нафар аъзои кооператив ва дигар шахсони эњтиёљманд, ба њар яке 0,06 га ќитъаи заминро барои сохтмони хонаи истиќоматї вобаста намудааст. Айни њол, шањрвандон дар он манзили истиќоматї бунёд намуда, бо ањли оилаашон зиндагї доранд. Аз љониби прокуратураи вилоят санаи 15.04.2019 нисбати Рустамов Наљмуддин бо моддаи 338 иловаи 1 ќисми 2 бандњои “б,в” Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз гардидааст. Сокини ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти “Сарвати истиќлол”, дењаи Янгиюл Миразизов Рустам Аламович, соли таваллудаш 1961, оиладор, соњиби 7 фарзанд, дар вазифаи роњбари хољагии дењќонии “Бег”-и ноњияи Кўшониён кор карда, бо роњи фиреб ба боварии шањрванд Аслонов Содиќљон Ашўрович, сокини ноњияи Кўшониён даромада, ба љиянаш Мањмадаминов Сайфиддин Файзиевич аз њудуди љамоат ќитъаи замини наздињавлигї људо карда медињад. Тахминан моњњои июн-июли соли 2010 ба маблаѓи 12200 (дувоздањ њазору дусад) доллари ИМА-ро гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурда, онро то инљониб ба Аслонов С. А. барнагардонидааст. Бинобар ин, аз љониби Бахши назорати иљрои ќонунгузории замини прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Миразизов Р. А. бо моддаи 247 ќисми 4 банди “б” Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз карда шуд. Прокуратураи вилоят барои баланд бардоштани маърифати њуќуќии шањрвандон ва пешгирї намудани ќонунвайронкунињо дар самти истифодаи замин назоратро таќвият бахшида, бањри бартараф намудани камбудиву норасоињои љойдошта чорањои ќатъї меандешад. Р. Сангинзода, сардори Бахши назорати иљрои ќонунгузории замини прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараљаи якум


4

ХАТЛОН

чоршанбе, 15 апрели соли 2020, №22 (3258)

ТАЪСИСИ ЉОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Бо ќарори раиси вилояти Хатлон, барои кормандони муассисањои таълимии вилояти Хатлон, ки дар соњањои табиатшиносї, илмњои даќиќ ва риёзї рисолањои номзадї ва докторї дифоъ мекунанд, аз 5 то 10 њазор сомонї мукофотпулї дода мешавад. Ин тадбир бо маќсади дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон љињати

дастгирї ва њавасмандгардонии кормандони соњањои илму маориф, эълон гардидани солњои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф” роњандозї хоњад шуд. Љоизаи мазкур барои устодону олимон, аспиранту докторантон ва унвонљўёну тањќиќотчиёни эљодкори муассисањои таълимии тањсилоти касбии њудуди вилояти

Хатлон, ки 5 соли охир дар муассисањои соњањои илму маорифи вилоят фаъолият намуда, рисолањои илмї њимоя кардаанд, пешбинї гардидааст. Њаљми мукофотпулї барои дифои рисолаи номзадї 5 њазор сомонї ва барои дифои рисолаи докторї 10 њазор сомонї муќаррар карда шудааст, ки он њамасола дар вазъияти тантанавї ба ѓолибон таќдим хоњад шуд.

ТАЊСИЛИ БЕШ АЗ 8 ЊАЗОР ЉАВОНИ ХАТЛОНЇ ТИБЌИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТЇ Аз соли 1997 сар карда то имрўз 8 њазору 183 нафар духтарону писарони лаёќатманд (аз љумла 4984 нафар духтарон) аз 24 шањру навоњии вилояти Хатлон тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба 15 муассисаи тањсилоти олии касбии љумњурї дохил шудаанд. Тавре ки аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ

доданд, дар ин муддат наздик ба 5 њазор нафари онњо донишгоњу донишкадањоро хатм намуда, дар соњањои мухталифи хољагии халќи љумњурї ва вилоят кору фаъолият доранд. Мавриди зикр аст, ки чун њамасола, соли 2020 бо маќсади дастгирї ва њавасмандсозии олимону устодони эљодкор

ва донишљўёни аълохони муассисањои тањсилоти олї, миёна ва ибтидоии касбии вилояти Хатлон ба 60 нафар олимони варзида ва 60 нафар донишљўёни аълохон, дар маљмўъ ба 120 нафар стипендияи раиси вилоят муќаррару роњандозї гардид. Масъулини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои

дахлдор бо љавонони тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон дар муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї дар шањрњои Душанбе, Бохтар, Кўлоб, Данѓара ва Кўшониён тањсилкунанда вохўрињои њадафманд баргузор карда, њамзамон дар љараёни мулоќотњо ба донишљўёни аълохон, ятиму бепарастор ва аз оилањои камбизоатбуда дар доираи имкониятњои мављуда кумакњои молиявї расониданд. И. ЊАНГОМА

Зикри хайр

Чароѓе дар ќалбњо Марги беамон аз байни мо Сабзалї Бороновро рабуд, ки ў тамоми умри хешро ба соњањои матбуот ва маориф бахшида буд. Сабзалї Боронов беш аз 26 сол муњарририи рўзномаи “Истиќлол” (собиќ “Пайѓом”)-ро ба уњда дошт. Ўро њамчун инсони поквиљдон, ростќавлу ќавиирода ва ташкилотчии хуб дар ноњия, вилоят ва берун аз он мешинохтанду медонистанд. Солњо мегузаранд, вале номи неки рўзноманигори варзида, омўзгори забони англисї дар дилу дидаи њамкорон, дўстон, пайвандон абадан боќї мемонад. Ў њамагї 62 сол умр дид. Дар айни камолоти эљодї ќарор дошт. Дар фазои беохири матбуот нафаре чун ситораи љилодор њамеша дурахшону мондагор аст, ки бо ишќи беандоза рањсипори роњи худ аст. Бузурге фармудааст: Њар касеро бањри коре сохтаанд, Мењри ўро бар дилаш андохтанд. Марњум ба адабиёт раѓбати зиёд дошт. Ин буд, ки зимни фаъолияти омўзгорї пайваста ба рўзномаву маљаллањо њамкорї ме-

намуд, ба навиштани маќола, лавња, очерк ва мусоњиба шурўъ карда, чун ќаламкаш дасташ рост гардида, дар ин кори мушкил муваффаќ њам шуд. Сабзалї Боронов Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон буд. Навиштањояш тез-тез дар рўзномањои ноњиявї, вилоятї ва љумњуриявї рўйи чоп меомаданд, ки аз рўзгори мардум, хољагии ќишлоќ ва навигарињои соњаи маориф ќисса мекарданд. Рўзноманигори дурбину рангинхаёл буд. Як муддат дар МТМУ №3 омўзгори забони англисї (ба тариќи шартномавї) шуда, фаъолият кард. Шогирдонаш дар олимпиадаи вилоятї фаъолона иштирок намуданд. Аз соли 1993 то вопасини умраш дар рўзномаи “Истиќлол” кори босамару ифтихориро иљро кард. Дар ин касби душвор содиќона хизмати халќро ба љо овард. Дили њазорон нафари ба ояндаи дурахшон ноумедро дар солњои дањшатбори нооромињо (1992) ба зиндагии хушу хур-

рам, тинљу осуда бо навиштаљоти пурмазмунаш гарм намудааст. Дар соли 2004 бо њаммуаллифии сарвари МТМУ №18 Суњроб Давронов китоби очеркњо бо унвони “Диёри абардмардњо” аз чоп баромад. Очеркњояшро бо забони равон, њамафањм, бо обуранги бадеии љаззоб иншо намуда, ба ќалам додааст, ки писанди хонандагон мебошад. “Аз нек боѓ”, - гуфтаанд бузургон. Фарзандонашро соњибмаълумот карда, онњоро дар рўњияи ватандўстї, худшиносии миллї ва анъанањои неки аљдодї тарбия намуда, ба камол расонд. Онњо соњиби касбу кор гашта, номбардори ќиблагоњ шуданд. Сабзалї Боронов имрўзњо дар байни мо нест. Акнун ў дар ќалби дўстону пайвандон љо гирифтааст. Даст ба дуо бардошта, мегўем: «Рўњат шоду манзили охиратат обод бошад, дўст ва њамкори бармањал рафтаи мо». Њайдаралї Давлатов, собиќадори маориф ва матбуот, Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон

УМРЕ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ «Дунё дар талаби марди ќобил аст», гуфтаанд. Яъне мардоне, ки боиси пешравии кор, ободї ва созандагианд. Њар корфармо низ љўяндаи марди ќобил, масъулиятшинос, соњибкасбу тозакор мебошад. Љаббор Мањмадов аз зумраи чунин афроди соњибиззати љомеаи мост. Вай зодаи шањри Бохтар аст. Имсол 60-умин бањори умрашро истиќбол гирифт. Падари панљ фарзанду соњиби 16 набера мебошад. Зиндагиномаи Љаббор Мањмадов барои фарзандону наберагонаш шоистаи ибрат аст. Хатмкардаи курси махсусгардонидашудаи Вазорати

мелиоратсия ва хољагии оби шањри Душанбе мебошад. Баъди муддате дар корхонаи корезию обтаъминкунии шањри Бохтар фаъолият кардан ба хизмати аскарї даъват мешавад. Пас аз хизмати њарбї Љаббор Мањмадов ба коллективи кормандони корхонаи трансформаторбарории шањри Бохтар пайваст. Аввал ба њайси коргар ва аз соли 1985 то соли 1992 њамчун кафшергар дар истењсоли трансформаторњо сањм мегузошт. Он замон дањњо ва садњо адад трансформаторњои истењсолнамудаи ин корхона на

танњо дар дохили Тољикистон харидор дошт, балки ба кишварњои дигари ИЉШС содирот карда мешуд. Љаббор-ака, 25 сол аст, ки бо дастгирии кулли кормандон ба њайси раиси Кумитаи иттифоќи касабаи корхонаи мазкур фаъолият дорад. Њамчунин, вазифаи муњандиси техникаи бехатарї ва зиддисўхторро ба уњда дорад. Њамаи њамкорон, њаммањаллањо ўро њурмату эњтиром мекунанд. Бологузари мањфилу маъракањост. Сањми Љаббор Мањмадов дар барќарорсозии њокимияти конститутсионии кишвар низ солњои љанги шањрвандї назар-

Лаблабуи сурх бењтарин доруст Хусусияти љабандагї доштани лаблабуи ќанд, аниќтараш моддањои таркибии он боиси таъминшавии як ќатор равандњои муфид дар бадани инсон мегарданд. Масалан, моддаи рангбахши бетаин, кислотаи таркибии он ба кори меъда ва узвњои њозима таъсири хуб мерасонанд. Микроэлементи кобалт бошад, бањри таљзияи витамини “В”дар бадан мусоидат намуда, дар якљоягї бо кислотаи фолиевї дар тозашавии хун шароит муњайё месозанд. Бетаин, ки дар таркиби лаблабу фаровон аст, дар ивазшавии сафедањо ва барои мустањкамшавии девораи рагњои хунгузар сањм мегирад. Барои муолиљаи зуком истифода намудан аз афшураи лаблабуи хоми бо асал омехташуда натиљаи хуб мебахшад. Њамарўза аз ин афшура панљ ќатрагї ба њар як сўрохи бинї чаконидан лозим аст. Барои хурдсолон бошад, афшураи лаблабуи обпазшудаи беасал бењтар аст.

Гирифторони беморињои варами ларингит, ки аз хушкии ковокии биниву гулў ва овози

хиррї ранљ мекашанд, мебояд њамарўза ду-се маротиба бо афшураи лаблабуи обпаз дањонро обгардон ва гулўро ѓарѓара намоянд. Барои тоза намудани балѓам, беморони иллати шушдошта метавонанд 200 грамм афшураи лаблабу, панљ ќошуќ шакар ва араќ, як ќошуќ глитсерини тозашударо бо њам омехта, рўзе се маротиба истифода намоянд.

«ХАТЛОН»

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

Барои гирифторони бемории камхунї истеъмоли омехтаи баробармиќдори афшураи лаблабу, сабзї ва шалѓам фоидабахш аст. Барои гирифторони бемории саратон афшураи лаблабуи сурх (бе рагчањои сафедаш) натиљаи хуб мебахшад Нўшидани афшураи лаблабу бо нони хамиртурушдор ё афшурањои туруш тавсия дода намешавад. Турушињо дар меъда ба гандидани таомњои истеъмолшуда оварда мерасонанд. Дар ягон њолат нўшидани афшураи навтайёр мумкин нест, зеро дар ин ваќт моддањое, ки хусусияти зањролудсозї доранд, барканор нашудаанд. Нўшидани афшураи нав ба дилбењузурї, ќайкунї, њиккак, бењолї, пастшавии набзу фишори хун оварда мерасонад. Афшураро мебояд якчанд соат дар љои салќину торик ё бењтараш дар яхдон нигоњ дошт. Хусусияти муолиљавии лаблабуи сурх нињої мањсуб намегардад ва танњо муваќќатист, то он даме ки бемор истифода ме-

рас мебошад. Њамеша мекўшид ва мекўшад, ки дар ватан сулњу суботи устувор, тинљиву оромї њукмфармо бошад. Љаббор Мањмадов айни њол узви Шўрои кумитаи навтаъсиси нафт, газ ва саноат дар Федератсияи мустаќили иттифоќњои касабаи Љумњурии Тољикистон мебошад. Хизматњои беш аз 40-солаи ў бо ифтихорномањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати энергетика ва саноат, Шўрои иттифоќњои касабаи шањри Бохтар ва маъмурияти корхона ќадрдонї шудааст. Инчунин, бо Сипосномаи Њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикистон сарфароз гардонида шудааст. Њ. ПАЊЛАВОНОВА намояд. Бо ќатъи ќабули афшураи лаблабу беморї тахминан пас аз 1-3 моњ аз нав хуруљ мекунад. Муолиљаро лозим аст, ки муддати на камтар аз ним ё як сол, бе танаффус давом дињанд. Гирифторони бемории саратон мебояд аз афшураи холиси лаблабу тамоми умр истифода намоянд. Хўриш бо лаблабу ва сабзї Мањсулоти лозима: Сабзї-2 дона; Лаблабуи сурх-як дона; Себ-як дона; Пиёзи сурх њаљмаш хурд-як дона; Оби лимў, намак, мурч ва як ќошуќча шакар. Инак, тарзи тайёр намудани хўриш: Сабзї, себ ва лаблабуро аз пўсташ људо карда, аз дандонањои калони тарошак мегузаронем. Пиёзи сурхро бошад, аз дандонањои майдаи тарошак мегузаронем. Мувофиќи таъм намак, як ќошуќча шакар ва оби лимўро ба он омехта мекунем. Дар охир, ба хўришамон афшураи лаблабуро илова мекунем, ки дар натиља хўриш ба худ ранги гулобиро мегирад. Тањияи ГЕСЎ

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

«НАВЌАЛАМИ УМЕДБАХШ» ОЗМУН БАРОИ КЎДАКОНИ ЭЉОДКОР

Дар вилояти Хатлон байни хонандагони муассисањои тањсилоти умумї дар соли 2020 озмуни вилоятии “Навќалами умедбахш” доир карда мешавад. Дар ин бора ќарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расидааст. Њадафи асосии ин озмун, ки бо ибтикори раиси вилоят Ќурбон Њакимзода барпо мегардад, дарёфти хонандагони эљодкор, баланд бардоштани малакаи эљодкории кўдакону наврасон, тањким бахшидани шавќу њаваси онњо дар самти омўзиши таърихи пурѓановати ниёгон, баланд бардоштани завќи китобхонию илмдўстї, шеърдўстї ва эљодкории насли наврас, эњсоси ватандўстї, зебоињои табиат, азиз доштани хоку оби диёр ва баёни афкори солим унвон мешавад. Озмуни “Навќалами умедбахш” ба љашни умумимиллии 30-солагии Истиќлолияти дав-

латии Љумњурии Тољикистон бахшида шуда, аз рўйи се номинатсия: “Шеъри бењтарин”, “Афсонаи бењтарин” ва “Њикояи бењтарин” доир мегардад. Шарти озмун ин аст, ки иштирокчиёни он дар навиштањояшон бояд мавзўъњои тарбияи ватандўстї, ифтихор аз тамаддуни бой ва ќадимаи миллати тољик, њурмати падару модар, арљ гузоштан ба хизмати устодон, њифзи анъанањои миллї, парвариши муњаббат ба касбу њунар, тарѓиби љойњои сайёњї, васфи ахлоќи њамида, хислатњои неки инсонї, эњтиёткорї аз хатарњои љањони муосир, чун шахсият ба воя расидани насли љавону ояндасоз, эњтироми арзишњои волои миллї ва дигар масъалањои марбут ба истиќлолиятро фаро бигиранд. Озмун дар поёни соли 2020 љамъбаст гардида, ѓолибони он дар њар як номинатсия барои љойи якум 2000 сомонї, барои љойи дуюм 1500 сомонї ва барои љойи сеюм 1000 сомонї мукофот хоњанд гирифт. Барандаи Шоњљоизаи озмун бо 3000 сомонї мукофотонида мешавад. Иштирокчиёни фаъол ва омўзгорони онњо бо Ифтихорномаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туњфањои хотиравї ќадрдонї хоњанд шуд. Инчунин, маводњои бењтарин дар шакли китоб љамъоварї ва нашр карда мешаванд. Њангомаи ИСМАТ

Фестивал-озмун

«Таронаи Вањдат» муаррифгари фарњангу њунари мардум Дар Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зикр гардид, ки соли 2020 љашни яке аз ёдгорињои бостонии кишварамон - шањри ќадимаи Саразм доир мегардад. Ин чорабинї имкон медињад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз љониби доирањои илмии љањон эътирофшудаи худро ба љањониён ба таври шоиста муаррифї намоем. Вобаста ба љашни номбурда аз тарафи сохторњои марбутаи кишвар чорабинињои гуногун роњандозї гашта истодааст. Барои баланд бардоштани раванди тарбияи маънавии шањрвандон, ба хусус насли наврас дар рўњияи хештаншиносї, ватандўстї, ифтихори миллї бо маќсади иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 майи соли 2019, №195 «Дар бораи љашн гирифтани 5500-солагии шањри Саразми бостонї» бо ибтикори Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз моњи март то июни соли 2020 дар шањру ноњияњои кишвари азизамон бо иштироки њунармандони ансамблњои тарона ва раќс Фестивал-озмуни љумњуриявї тањти унвони “Таронаи вањдат” баргузор гашта истодааст. Њадаф аз баргузории Фестивал-озмун намоиши дастовардњои њунарию фарњангї бахшида ба љашни мазкур

буда, дар баргузории он бояд тамоми ташкилоту муассисањо, идораву корхонањо ва шахсони алоњида сањмгузор бошанд. Зеро дастгирию сањмгузории њамагон имконият медињад, ки ањли фарњанги љумњурї тавассути озмуни мазкур комёбињои фарњангу њунари њар минтаќаи кишварро бо тобишњои рангин манзури тамошобинон намоянд. Даври аввали Фестивали мазкур дар шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб аз 6 то 10 апрели соли љорї бо иштироки њунармандони ноњияњои Данѓара, Ховалинг, Муъминобод, Темурмалик ва шањри Кўлоб гузаронида шуд. Нахустнамоиши барномаи Фестивал - озмуни “Таронаи вањдат” бо иштироки њунармандони ансамбли «Садбарг»- и ноњияи Данѓара рўзи 6 апрели соли 2020 дар театри љумњуриявии мусиќї- драмавии ноњияи номбурда гузаронида шуд. Њунармандони ансамбли шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб мутобиќи низомнома аз 11 номинатсияи озмун, аз ќабили навозиши умумї, намоиши либосњои миллї, раќси якка, суруди якка, суруди эстрадї, навозиши якка, суруд бахшида ба 5500-солагии шањри Саразми бостонї, суруди фолклорї, бадења, карнайбазм ва ё доирабазм ва сюитаи овозї – раќсї дар мавзўъњои Пешво, ифтихори ватандорї, Тољикистон,

ватан, модар ва сулњ баромад намуда, комёбињои фарњангу њунари ин минтаќаи кишварро бо тобишњои рангин манзури тамошобинон намуданд. Њайати њакамони Фестивалозмун аз шахсиятњои бонуфузи фарњангї Абдурањим Одинаев мудири бахши Раёсати фарњанги вилояти Хатлон дар минтаќаи Кўлоб, Муњаммадназар Ризоев - роњбари Маркази илмї-методии назди Раёсати фарњанги вилояти Хатлон, Нурулло Холов - Њунарпешаи шоистаи Тољикистон ва Нурулло Ибодов - сарбалетмейстри ансамбли “Фалак” иборат буда, ба њунари иштирокчиёни озмун шаффофона бањогузорї менамоянд. Боиси зикр аст, ки ѓолибони даври аввали Фестивал-озмуни љумњуриявии “Таронаи вањдат” бахшида ба 5500-солагии шањри Саразми бостонї дар даври љамъбастї, ки моњи июни соли љорї дар Ќасри фарњанги шањри Панљакент баргузор мегардад, иштирок намуда, бо мукофотњои пулї ва иштирокчиёну созмондињандагони фаъол бо нишони Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон ва Ифтихорномаи Вазорати фарњанги љумњурї сарфароз гардонида мешаванд. Сарахон Бозорзода, мудири дафтари методии бахши Раёсати фарњанги вилояти Хатлон дар минтаќаи Кўлоб

Ёвон. ЯРМАРКАИ ЉОЙЊОИ ХОЛИИ КОРЇ Ярмаркаи навбатии љойњои холии корї ва вазифањои озод дар доираи дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади ба кор таъмин намудани шањрвандони бекору корљў, љалби муњољирони мењнатии аз хориљи кишварбаргашта ба касбомўзии њунарњои мардумї, шуѓли муфид дар доираи Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї, дар Љамоати дењоти «Ситораи сурх»-и ноњияи Ёвон доир гардид. Дар ярмарка намояндагии 16 ташкилоту му-

ассиса 132 љойи холии корї ва вазифањои озодро пешнињоди корљўён намуданд. Аз 230 нафар корљўён, ки дар ярмарка ширкат доштанд, 18 нафар соњиби роњхат гардида, бо љойи кор таъмин шуданд, ки аз ин њисоб 11 нафар занон ва 5 нафар љавонон мебошанд. Инчунин, дар рафти ярмарка мурољиати 10 нафар ашхоси бекор барои касбомўзї ва 3 нафар оид ба кори фардї ба ќайд гирифта шуд. К. Расулов

эътибор надорад

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0693048, ки онро соли 2013 МТМУ 4-и ноњияи Хуросон ба Розиќова Моњираљон Фахриддиновна додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДТО №0059177, ки онро соли 2008, ДДЌ ба номи Носири Хусрав (њозира ДДБ) бо ихтисоси муносибатњои иќтисоди байналмилалї ба Саматова Гульшон Муратовна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №692557 дар бораи хатми синфи 8, ки онро соли 1985 МТМУ №12-и шањри Ќўрѓонтеппа (њозира Бохтар) ба Гулова Джамиля Ѓиёсиддиновна додааст, эътибор надорад.

ТАЪЗИЯ

Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон нисбати даргузашти роњбари дастгоњи раиси ноњияи Ёвон Раљабов Раљабалї Шарифович андуњгин буда, ба наздикону пайвандони марњум аз даргоњи Илоњї сабри љамил хоњонанд.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Саттор ЌАРАХОНОВ Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 15.04.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №22-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu