Соли нави 2019 муборак, њамватанони азиз!
ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №1 (3186)
Сешанбе, 1 январи соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
БИГЗОР СОЛИ НАВИ 2019 СОЛИ ТАТБИЌИ ЊАДАФЊОИ СОЗАНДА ГАРДАД Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмањмадзода Давлатшоњ Ќурбоналї ба муносибати фарорасии Соли нави 2019 Њамватанони азиз! Сокинони сарбаланди вилояти Хатлон! Мову шумо соли нави 2019-ро бо рўњияи баланд, зери таассуроти нек аз Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат истиќбол мегирем. Дар њаќиќат, соли 2018 дар таърихи давлати соњибистиќлоли мо бо дастовардњои бузурги иќтисодию иљтимої наќш баст. Кофист, ки аз ташаббусњои байналмилалии Пешвои муаззами миллат дар масъалаи об, бакорандозии чархаи аввали Неругоњи барќи обии «Роѓун» - иншооти азими аср ва ба сатњи шарикии стратегї расонидани муносиботи ду кишвари дўст – Тољикистону Ўзбекистон ёдовар шавем. Тавре ки Роњбари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёмашон ба Маљлиси Олї таъкид намуданд, ин дастовардњо дар роњи ноил шудан ба њадафи стратегии мамлакат – таъмини истиќлолияти комили энергетикї ќадами устувор ба њисоб рафта, ба туфайли он њадафи дуюми стратегии давлату Њукумат, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионї, дар соли 2018 пурра иљро гардид. Ин њама дастовардњо аз интихоби роњи дуруст ва пеш гирифтани сиёсати оќилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, талошњои пайваста ва садоќатмандонаи ў дар самти таъмини зиндагии шоиста ба мардуми диёр ва дар масири рушди иќтисодї гомњои устувор гузоштани Ватани мањбубамон Тољикистон шањодат медињад.
Агар ба нишондињандањои иќтисодии вилоятамон дар соли 2018 нигарем, он бомаром афзоиш ёфта, маљмўи мањсулоти минтаќавї 106,7% таъмин гардидааст. Дар рушди иљтимоию иќтисодии кишвари азизамон сањми фаъолон ва ањли зањмати вилояти Хатлон назаррас мебошад. Дар нишондињандањои иљтимоїиќтисодии љумњурї њиссаи вилояти Хатлон 26%-и њаљми маљмўи мањсулоти дохила, 31%-и њаљми истењсоли маљмўи мањсулоти саноатї, 49%-и њаљми мањсулоти умумии кишоварзї, 19%-и њаљми маблаѓгузорињои сохтмони асосї, 14%-и баистифодадињии фондњои асосї, 19%-и гардиши моли чакана, 16%-и њаљми хизматрасонии пулакї, 29%-и њаљми боркашонї ва 14%-и мусофиркашониро ташкил дод. Дар натиљаи андешидани тадбирњои сариваќтї иљрои наќшаи ќисми даромади буљет 102,8% таъмин гардида, ба буљет 960,5 миллион сомонї ворид карда шуд, ки нисбати наќша 26,3 миллион сомонї зиёд мебошад. Мо медонем, ки зарфиятњо ва имкониятњои иќтисодии њанўз истифоданашудаи вилояти Хатлон хеле зиёданд. Бо дарназардошти ин, Роњбари мамлакат зимни ироаи Паёмашон ба Маљлиси Олї дар назди маќомоти давлатї вазифањои пурмасъулияте гузоштанд, ки истифодаи самарабахш аз тамоми имкониятњо љињати рушди дењот, бунёди инфрасохтори мусоид дар сатњи мањал, бартараф намудани мушкилоти норасоии оби босифати нўшиданї, бунёду таљдиди роњњои мањаллї, рушди инфрасохтори сайёњї ва инкишо-
фи њунарњои мардумї, таъсиси љойњои нави корї ва мусоидат ба њунаромўзии њар як шањрванди мамлакат аз љумлаи онњо буданд. «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани солхои 2019-2021 нишонаи таваљљуњи махсуси Сардори давлат ба масъалаи вусъат бахшидан ба њалли мушкилоти дењот ва зарурати инкишофи инфрасохтори дењот мебошад. Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси Хатлонзамин барои бо сифати баланд иљро гардидани дастуру њидоятњои Пешвои миллат, бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо њамкории хубу созанда ба роњ мемонанд ва то љашни умумимиллии 30солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон, яъне соли 2021, тамоми наќшањо ва дурнамои корњои ободониву бунёдкорї дар вилоятамон бапуррагї таъмин мегарданд. Њамдиёрони арљманд! Дар арафаи Соли нав тарњрезии наќшањо барои соли оянда ба њукми анъана даромадааст. Итминон дорам, ки соли 2019-ум дар вилояти Хатлон корњои созандагиву бунёдкорї, иќдому ташаббусњои наљиб вусъати бештар пайдо карда, худшиносиву худогоњии миллї густариш меёбад ва мардуми сарбаланди вилоят дар муаррифї ва пешрафти сайёњї, њифзи арзишњои миллї ва рушди њунарњои мардумї сањми дучанд хоњанд гузошт. Бояд њамеша дар хотир дошта бошем, ки ояндаи дурахшони Тољикистон ба татбиќи њадафњои стратегии давлат, аз он љумла саноатикунонии босуръати мамла-
ДАНЃАРА. 19 ИНШООТ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ КУШОДА ШУД Аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Данѓара ва соњибкорону сокинон корњои ободонию бунёдкорї бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар љамоатњои дењоти ноњия бунёди маркази саломатї, таваллудхона, боѓчаи кўдакон, муасиссаи таълимї, њаммом, сартарошхона, кошонаи њусн, сехи дўзандагї, майдончаи варзишї, корхонањои истењсолї, таъмир ва мумфарш намудани роњи байни кўчањо бомаром идома дорад.
Тибќи дастуру супориш ва њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади дар сатњи баланд пешвоз гирифтани љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва густариши корњои ободонию созандагї дар саросари кишвар аз љониби Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон барои њар як шањру ноњияи љумњурї аз њисоби роњбарони вазорату муассисањои
љумњуриявї шахсони мутасаддї номнавис шудаву дар мањалњо ба фаъолият шуљўъ карданд. Бино ба иттилои Б. Ашўрзода, мудири бахши меъморї ва шањрсозии ноњияи Данѓара, дар доираи омодагињо ба љашни 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Данѓара сохтмони 241 иншоот ба наќша гирифта шуда, 224 нафар масъули сохтмон аст. Дар 133 иншоот корњои сохтмонї оѓоз шудааст. Инчунин, дар арафаи соли нав 19 иншоот аз љониби масъулон
ва соњибкорон ба истифода дода шуд. Дар муњлати муќарраршуда ба истифода додани онњо имкон медињад, ки вазъи иљтимоию иќтисодии сокинони ноњия рў ба бењбудї оварда, садњо нафар бо љойњои кории мавсимию доимї таъмин гарданд ва сатњи зиндагии худро боло бардоранд. Сањми соњибкорон Нуралї Арабзода, Мирзошо Њукуматов, Аброр Њасанов, Самї Давлат, Асадулло Уммуродов, Нусрат Файзуллоев, Умар Алиматов, Боир Шарипов, Љамшед Шарифзода, Њабибулло Абдуњаќов, Њотам Назарзода, Саъдї Неъматов, Абдулло Ќурбонов, Файзиддин Сайфуллоев дар корњои ободонию бунёдкории љамоатњои шањраку дењот ва дењањои “Данѓара”, “Хоља Шаќиќи Балхї”, “Нурофар”, “Остона”, “Хуррамзамин”, “Лоларух”, “Туябиюн”, “Ѓарѓара”, “Мењтар”, “Боботупхона”, “Навобод”-и ноњияи Данѓара дар сохтмони иншооти таъйиноти гуногуни ба зиммагирифтаашон бо камоли масъулиятшиносї зањмат кашида, бо эњсоси баланди ватандўстї барои истиќболи сазовори љашни бузурги 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон пайваста талош меварзанд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
Паёми Пешво - рањнамои мо Иќтибосњои хотирмон аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 декабри соли 2018
Соли 2018 бо рўйдодњои нињоят муњимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тољикистон ва давлати соњибистиќлоли тољикон соли воќеан таърихї буд. Бисту дуюми марти соли љорї дар Рўзи байналмилалии захирањои об татбиќи ташаббуси чоруми љањонии мо дар соњаи об - «Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028» бо иштироки Роњбари давлат дар Маљмааи умумии Созмони Милали Муттањид расман оѓоз гардид. Ба кор андохтани агрегати якуми неругоњи барќи обии “Роѓун”, яъне иншооти таќдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тољикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу зањматќарини тољик амалї гардид, ибтидои гардиши куллї дар таърихи Тољикистони соњибистиќлол ва як ќадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба њадафи якуми стратегии миллї истиќлолияти энергетикї ба њисоб меравад. Њукумати Љумњурии Тољикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба њадафњои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардумро тавассути њалли масъалањои пешрафти устувори иќтисодї, таќвияти неруи инсонї, такмили низоми идораи давлатї, тавсеаи имкониятњои содиротии мамлакат, бењтар кардани фазои сармоягузорї, инкишофи бахши хусусї ва бењбуди вазъи бозори мењнат њадафи олии худ эълон намудааст. Бо дарназардошти ањаммияти соњаи саноат дар њалли масъалањои иќтисодиву иљтимої ва таъсиси љойњои корї пешнињод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар њадафи чоруми миллї эълон карда шавад. Солњои 2019-2020 тамоми санљишњои фаъолияти субъектњои соњибкорї дар соњањои истењсолї манъ карда, муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи мораторий ба санљишњои фаъолияти субъектњои соњибкорї дар соњањои истењсолї” ба њамаи маќомоти санљишу назорат ва њифзи њуќуќ, аз љумла Прокуратураи генералї, Палатаи њисоб, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллї ва маќомоти андозу гумрук татбиќ карда шаванд. Барои бартараф кардани монеањои маъмурї, таъмин намудани самаранокии хизматрасонињои давлатї ба соњибкорон ва ањолї ба Њукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2019 лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи хизматрасонињои давлатї”-ро тањия ва пешнињод намояд. Инчунин, пешнињод менамоям, ки бо маќсади дастгирии минбаъдаи соњибкорон дар кишварамон “300 рўзи ислоњот оид ба дастгирии соњибкорї ва бењтар намудани фазои сармоягузорї” амалї карда шавад. Њадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси љойњои корї ва афзун гардонидани иќтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, њифзи амнияти озуќаворї тавассути рушди соњаи кишоварзї мебошад. Бо маќсади таъмин намудани пешрафти соњаи кишоварзї ва њифзи амнияти озуќаворї аз њисоби лоињањои давлатии сармоягузорї ва буљети давлат дар давраи соњибистиќлолї беш аз 12 миллиард сомонї равона карда шудааст.
кат, бунёди иншооти энергетикї, роњњо, таъмини амнияти озуќаворї ва рушди устувори иќтисодиву иљтимоии мамлакат вобаста мебошад. Барои татбиќи ин њадафњои наљиби стратегї, ки њамаи онњо дар маљмўъ ба тањкими давлатдории миллиамон мусоидат хоњанд кард, вазифаи њар фарди вилоят аст, ки дар назди Ватан-модар рисолати фарзандї ва масъулияти шањрвандии худро содиќонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муќаддасамон кўшишу талоши пайваста намоянд.
Бо њамин таманниёти нек, бори дигар тамоми њамватанони азиз, аз он љумла сокинони Хатлонзаминро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 самимона тањният мегўям. Бигзор соли нави 2019 барои Тољикистони азизи мо соли пурфайзу бобаракат, соли татбиќи њадафњои созанда, соли пешрафти тамоми соњањои иќтисодию иљтимоии мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми диёр бошад. Соли нави мелодї муборак, њамватанони азиз!
Бо арзи эњтирому самимият ва миннатдорї ба мардуми шарифи Тољикистон, аз љумла соњибкорону тољирон ва дигар шахсони хайрхоњу њимматбаланд барои ташаббусњои созанда, мехоњам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии Ватан њар як шањрванди бонангу номус бояд сањмгузор бошад ва њар фарди љомеа бояд касбу њунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Мо барои њар шахсе, ки мехоњад касбу њунар, нияту наќша ва ќобилияту истеъдоди худро амалї гардонад, яъне љињати худтатбиќкунии шањрвандон шароити мусоид фароњам меорем Чанде пеш бо ќарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунањои бењтарини њунарњои мардумии мо - чакан ба Фењристи мероси фарњанги ѓайримоддии башарї шомил гардид. Мо минбаъд низ маќоми занонро дар љомеа баланд бардошта, мавќеи онњоро дар татбиќи сиёсати иљтимоии давлат дастгирї менамоем. Дар паёмњои ќаблї ва дигар суханронињо ман андешањои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар љањони муосир изњор карда будам. Шиддати ин хатару тањдидњои љањонї, мутаассифона, имрўз њам паст нашудааст. Бинобар ин, маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомиро зарур аст, ки бо њушёриву зиракии сиёсї ва баланд бардоштани донишу малакаи касбї, инчунин, бо истифода аз шаклу усулњои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуњуроти љинояткории муташаккили фаромиллї, ќочоќу муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир ва дигар ќонуншиканињо таќвият дињанд. Таъкид месозам, ки танњо саъю талоши софдилона, њисси масъулият дар назди халќу Ватан ва иќдому ташаббусњои созанда моро ба њадафњои муайяннамудаамон наздик мекунанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандўсту ватанпарвар ва ќавииродаву зањматдўсти мо аз уњдаи бартараф кардани њамаи мушкилот ва иљрои њама гуна амалњои нек мебароянд, Тољикистони азизамонро боз њам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи њар фарди Ватан шароити мусоид фароњам меоранд. Соли 2021 мо љашни бузурги 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистони мањбубамонро таљлил мекунем. Мо барои истиќболи шоистаи ин љашни муќаддасу мубораки миллї корњои зиёди ободониву созандагиро ба наќша гирифтаем. Дар ин марњалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз њар яки мо - аз Роњбари давлат, аъзои Њукумат ва вакилони парламент сар карда, то роњбарони њамаи сохтору маќомоти давлатї, раисони вилоятњо, шањру ноњияњо ва хизматчиёни давлатї вазифадорем, ки як масъалаи муњимро њамеша дар хотир дошта бошем: тибќи Конститутсия халќ сарчашмаи њокимияти давлатї мебошад, яъне њокимият ба халќ тааллуќ дорад. Бинобар ин, њар яки мо - роњбарони тамоми сохтору маќомоти давлатї ва кулли хизматчиёни давлатї бояд ба халќ содиќона хизмат кунем, на халќ ба мо. Мо бояд аз истиќлолияту озодї ва соњибватаниву соњибдавлатї шукрона кунем, шукронаи Ватани соњибихтиёру мањбубамонро ба љо орем, онро сидќан дўст дорем, ба давлати соњибистиќлоламон содиќ бошем, њамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалї боз њам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тољикистони азизамон равона кунем.
2
ХАТЛОН
сешанбе, 1 январи соли 2019, №1 (3186)
Эй Соли нав, ба кишварам файзу сахо биёр, бо боли барф муждаи мењру вафо биёр. Муњимтарин рўйдодњои фарњангии соли 2018
Њамовозї
РИСОЛАТИ ХЕШРО БО ДАРНАЗАРДОШТИ ЊИДОЯТЊОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СОФДИЛОНА ИЉРО МЕКУНЕМ Шоњиди бевоситаи он њастем, ки давоми солњои соњибистиќлолии Тољикистон дар радифи дигар соњањои иљтимоиву иќтисодии мамлакат дар сохтори тандурустии кишварамон низ бо ибтикор ва њидояти Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон бозсозии амиќ оѓоз гардид ва ин раванд пайгирона татбиќ карда мешавад. Дар натиља, имрўз заминањои наву муосири ќонунгузорї ва санадњои меъёрии њуќуќии соња, такмили низоми идоракуниву маблаѓгузорї муњайё шуда, барои дар сатњи хуб ва сифати баланд расонидани хизматрасонињои тиббї мусоидат намуданд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маљлиси Олии мамлакат ба соњаи тандурустї таваљљуњи махсус зоњир намуда, таъкид карданд, ки «мо ба солимии љомеа ва њифзи иљтимоии ањолї низ диќќати махсус дода, инфрасохтори муассисањои тиббї ва њифзи иљтимоии ањолиро мунтазам тавсеа ва тањким бахшида истодаем. Њоло дар 19 шањру ноњияи мамлакат «Барномаи кафолатњои давлатї оид ба таъмини ањолї бо кумаки тиббию санитарї дар ноњияњои таљрибавии Љумњурии Тољикистон барои солњои 20172019» амалї гардида истодааст ва ин таљриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад». Азми бунёди беш аз 560 беморхонаву марказњои саломатї ва дигар иншооти соњаи тандурустї дар се соли оянда далели ѓамхорињои Сардори давлат ба соња мебошад. Инчунин дар Паём зикр шуд, ки
дар буљети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соњаи тандурустї 7,2 фоиз зиёд маблаѓ равона карда мешавад. Яке аз њадафњои Пешвои миллат ва Њукумати Тољикистон аз «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон кардани солњои 2019-2021 рушди инфрасохтори дењот, пеш аз њама, дар соњањои маорифу тандурустї, мебошад. Њаёт ва таърихи тамаддун борњо тасдиќ намудааст, ки љомеаи солим аз фардњои љисман ва рўњан солим ташаккул меёбад ва саломатї нишондињандаи воќеии рушди устувори љомеа ба њисоб рафта, солимии љомеа муайянкунандаи асосии фардои њар як миллату давлат мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон борњо ќайд карданд, ки тандурустї яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати иљтимоии Њукумати Тољикистон буда, проблемањои тайёр намудани кадр, инкишоф ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббї ба ањолї, бењтарсозии шароити муассисањои тандурустї дар маркази диќќати доимии давлату Њукумати Тољикистон ќарор доранд. «Љомеаи љисман ва рўњан солим ояндаи дурахшони миллат аст», - таъкид доштааст Пешвои миллат. Бо дарназардошти ин, маъмурияти Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бўрї Воњидов барои баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї, савияи дониши табибон ва истифодаи пурсамари дастовардњои
навини илми тиб диќќати љиддї дода, табибонро барои сайќали донишу таљрибаашон дастгирї менамояд. Бо маќсади дар сатњи баланд хизматрасонї кардан ба беморон мутахассисони беморхона дар муассисањои дохил ва хориљи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон на танњо дар сатњи ташхисию табобатї ва амалияи клиникї, балки дар самтњои илмию тахлимї низ фаъолият мебарад. Дар заминаи шуъбањои беморхона кафедрањои шуъбаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тољикистон дар шањри Бохтар таъсис ёфтаанд ва дар он бозомўзии мутахассисон сурат мегирад. Беморхонаи мо инчунин имкон дорад, ки љињати ба такмили ихтисос фаро гирифтани шумораи зиёди кормандони миёнаи тиб њамчун пойгоњи клиникї истифода шавад. Корњои сохтмонї ва насби таљњизоти муосири тиббї дар биноњои иловагии беморхона дар арафаи анљомёбї ќарор доранд. Барои корњои сохтмонї 7,5 миллион евро ва дастраснамоии таљњизоти нави тиббї 3,5 миллион евро масраф хоњад шуд. Дар оянда, бо бунёд гардидани биноњои нав якчанд маркази нави тиббї, аз љумла маркази трансплантология таъсис дода мешавад. Соли гузашта ба беморхона беш аз 50 номгўи таљњизоти муосири тиббї дастрас карда шуд, ки кори муоина, ташхис намудан, анљом додани амалњои љарроњиро осонтар мекунад. Роњбари давлат дар Паёми навбатиашон њамчунин ба вуљуд доштани баъзе камбудињо, аз љумла
дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббї, ки аз њисоби буљет маблаѓгузорї мешавад, ишора намуданд. Дар њаќиќат, эроди Пешвои миллат ба масъалаи паст будани сатњу сифати хизматрасонї ва муоширати табибон љой дорад. Маъмурияти беморхона пайваста дар ин самт тадбир меандешад, то дараљаи хизматрасонї боло рафта, мурољиаткунандагон бо ќаноатмандї аз назди табиб ба хона баргарданд. Мо ба масъалаи истифодаи дорувории бесифат, эњтимоли ќонуншиканї ва ё хунукназарии табибон низ диќќати махсус дода, дар роњи содиршавии ин гуна ќонуншиканињо садди устувор мегузорем. Дарвоќеъ, тавре ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, рисолати вориси Абўалї ибни Сино будан танњо бо доштани тањсилоти олї ва пўшидани хилъати сафед ба охир намерасад. Мо, њамчун табиби воќеї, сифатњои њалимиву хоксорї ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуѓли басо пурмасъулият љиддї ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат хоњем кард. Мо дарк мекунем, ки маќсад аз дастгирии њамаљонибаи Њукумати мамлакат аз он иборат аст, ки ин нињоди њаётан муњим иљрои рисолати аслии худ, яъне нигањдории саломатии сокинони кишвар ва пешгирии беморињоро дар сатњи касбї таъмин намуда, табибони мо бо љорї намудани роњу усулњои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонанд. Алихон НУРАЛИЕВ, сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воњидов
ЧАКАН УМУМИЉАЊОНЇ ШУД Яке аз муњимтарин рўйдодњои фарњангии соли 2018 ба фењрасти мероси ѓайримоддии фарњангии ЮНЕСКО шомил гаштани чакан – пироњани зебои миллии тољикон мебошад. Ин хабар боиси сарафрозии мардуми тамаддунпарвари тољик, хусусан хатлонињо гардид, зеро таърихан собит шудааст, ки ватани аслии чакан Хатлон буда, ин њунари ќадимаи миллиро то имрўз нигоњ доштаанд. Мувофиќи маълумоти Комиссияи миллї оид ба корњои ЮНЕСКО дар Љумњурии Тољикистон, то ба имрўз аз мероси ѓайримоддии халќи тољик
“Шашмаќом”, “Оши палав” ва “Наврўз” ба фењристи ЮНЕСКО ворид гардида, “Фалак” низ пешнињод хоњад шуд. Ин як роњи бењтарини эњёи фарњангу њунарњои миллї ва дар айни замон ба љањониён муаррифї кардани миллат ва давлат мебошад. То имрўз чањор ёдгории таърихии вилояти Хатлон – Ќалъаи Њулбуки ноњияи Восеъ, шањраки Тахти Сангини ноњияи Ќубодиён, мадрасаи Хоља Машњади ноњияи Шањритус ва Дайри Аљинатеппаи ноњияи Вахш ба фењрасти умумиљањонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.
ТАЪСИСИ АВВАЛИН ТЕАТРИ ЛЎХТАК ДАР ВИЛОЯТ Дар ибтидои соли 2018 дар шањри Бохтар бо ќарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода муассисаи давлатии Театри вилоятии лўхтаки “Афсона” таъсис дода шуд. Театри давлатии лўхтак дар бинои собиќи Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар фаъолият мекунад. Дар театри на-
вбунёд 24 мутахассис соњиби љойи кор шуданд. Театри “Афсона” аввалин ва ягона театри лўхтак дар вилояти Хатлон ва севумин чунин муассисаи фарњангї дар љумњурї (пас аз театрњои лўхтаки шањри Душанбе ва шањри Бўстони вилояти Суѓд) мебошад. Ќобили зикр аст, ки Театри вилоятии лўхтаки «Афсона»-и
шањри Бохтар бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар ќатори дигар театрњои лўхтаки љумњурї Тољикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрњои касбии лўхтак «Чодари хаёл», ки моњи октябри соли 2018 дар шањри Душанбе баргузор шуд, иштирок намуда, соњиби диплом гардид.
НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ЊУНАРМАНДИ ХАТЛОН 14 феврали соли 2018 дар маркази маъмурии вилоят нахустфоруми занони њунарманди Хатлон тањти унвони “Наќши занон дар рушди њунарњои мардумї” доир гардид. Форуми мазкур, ки аз се ќисмат иборат буд: конференсияи “Сањми занон дар густариши њунарњои мардумї”, намоиши њунарњои мардумї ва барномаи фарњангї тањти унвони “Тараннуми њунар”. Аз намоиши намунањои њунарњои мардумї ва суњбату маърўзањое, ки дар доираи аввалин Форуми занони њунарманди вилояти Хатлон ироа гашт, бармеояд, ки њар як њунари зебои миллати мо достонњое дорад. Ваќте инсон мисоли њунарњои абрешимбофї, адрасбофї, атласбофї, алочабофї, арѓушт, баќќолї,
беќасаббофї, гачкорї, гањворасозї, гулдўзї, гулобкашї, гўшворасозї, дуредгарї, заргарї, зардўзї, зулфорої, ислимї, калобаресї, канаббофї, кандакорї, кафшдўзї, кордсозї, кулолї, ќолинбофї, ќуроќдўзї, мисгарї, наќќошї, оњангарї, паловпазї, пўстиндўзї, сабадбофї, созтарошї, суманакпазї, сўзанидўзї, табаќтарошї, хотамкорї, њалвогарї, чўянгарї, љомадўзї, љўроббофї, шишагарї ва ѓайрањоро мебинад, беихтиёр ба ин андеша меояд, ки тамоми њунарњои мардумї ойинаи бозгўяндаи рўзгори тољикон аст. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Шўхињои Барот Саид
СЕ ЛАЊЗАИ ГУВОРО НАЌШАЊОИ БУНЁДКОРОНАИ ХУДРО САРИ ВАЌТ БА АНЉОМ РАСОНЕМ “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон гардидани соли 2018 ба дарки ањамияти самтњои мазкур дар њаёти иљтимоиву иќтисодии мардум такони љиддї бахшида, шумораи сайёњоне, ки соли 2018 ба Тољикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба њадафњои пешбинишуда як сол басанда нест. Аз ин рў, солњои 2019-2021 “Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон карда шаванд”, - зикр гардид дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. Ин пешнињоди Сарвари давлат ба хотири боз њам обод кардани Тољикистон ва њалли масъалањои иљтимоии ањолї бо роњи бењтар намудани инфрасохтор, пеш аз њама, дар соњањои маорифу тандурустї, таъсиси љойњои корї, таъмин кардани ањолии дењот бо оби босифати ошомиданї, бунёду таљдиди роњњои мањаллї, рушди инфрасохтори сайёњї ва инки-
шофи њунарњои мардумї, ба талаботи муосир мутобиќ сохтани сатњи хизматрасонї ва баланд бардоштани некуањволии мардум дар њар як дења ва мањалли ањолинишин мебошад. Талошњои судманди Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон роњњои навини рушди кишвар, нишондињандањои макроиќтисодию микроиќтисодї, проблемањои љањонишавии љомеаи имрўза дар њамбастагї бо њам мавриди тањлилу омўзиши амиќ ќарор гирифта, барои сафарбар намудани мардум ба корњои хайру созанда шароит муњайё месозанд. Тањлили авзои љомеаи имрўза ва роњњои рушди љомеаи фардо аз тарафи Сарвари давлат бо нишондоди дастовардњои муњими кишвар моро ба ояндаи неку дурахшон рўњбаланду умедвор месозанд. Ќобили зикр аст, ки барои пешгирии таъсири манфии буњрони молиявї Њукумати мамлакат наќшаи чорабинињои иловагиро
тањия намудааст, ки он ба тараќќиёти соњањои мухталифи иќтисодиёт, дастгирии давлатии соњибкорї, љалби бештари сармояи дохиливу хориљї, таъсиси корхонањои истењсолї ва љойњои нави корї, густариши њамкорињо бо шарикони тиљоратї ва ташкилотњои молиявии љањонї мусоидат хоњад кард. Дарвоќеъ, Паёми навбатї барои устувор намудани пояњои давлату давлатдории миллї ва ободу зебо гардондани сарзамини аљдодиамон аз њар яки мо масъулияти бузургро таќозо намуда, њар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ба хотири тањкими вањдати миллї, Истиќлолияти давлатї, густариши худшиносиву худогоњї ва ифтихори ватандорї кўшишу талоши пайваста дошта бошад. Аз ин рў, њар яки моро зарур аст, ки бо дарки ањамияти вазифагузорињои Сарвари давлат иљрои нишондодњои Паёмро сармашќи кори худ ќарор дињем. Раљабмурод ФОЗИЛОВ, омўзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Љ. БАЛХЇ: Баистифодадињии 153 иншоот Бањри таљлили љашни 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Љалолиддини Балхї корњои ободониву бунёдкорї идома дошта, то ин замон 8 бинову иншоот мавриди бањрабардорї ќарор гирифтааст. Сохтмони 7 иншоот ба анљом расида, бунёди 6 иншоот дар арафаи анљомёбист. Инчунин, дар 40 иншоот корњои сохтмонї идома дорад. Соли љорї дар шањраку дењоти ноњия аз љониби соњибкорон ва шахсони саховатпеша корњои таъмиру азнавсозї ва бунёди иншоотњои нав вусъати тоза гирифтааст. Аз љумла, майдончаи варзишї дар шањраки Балх, марказњои саломатї дар љамоатњои шањраку дењоти “Узун” ва “Навобод”, 10 синфхонаи иловагї дар му-
ассисаи тањсилоти миёнаи умумии №55, маркази савдо, асфалтпўш намудани 2,5 км роњи автомобилгард дар дењаи Саноати Љамоати дењоти “Узун”, асфалтпўш намудани 0,6 км роњи автомобилгард дар дењаи Асадуллои Љамоати дењоти “Навобод” ва асфалтпўш намудани 0,3 км роњи автомобилгард дар дењаи Пушкини Љамоати дењоти “Навобод” ба анљом расида мавриди истифодабарї ќарор, дода шуд. Тавре ки Сайдалї Мањмуродов, сармеъмори ноњия, ба рўзномаи “Хатлон” хабар дод, таъмиру азнавсозии шуъбаи таваллудии беморхонаи Љамоати шањраки “Гулистон”, сохтмони бунгоњи тиббї дар дењаи Лоњутии Љамоати дењоти “Њалевард”, 4 синфхонаи
иловагї дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №28 дар Љамоати дењоти “Узун”, бунёди њаммом дар Љамоати шањраки “Балх”, чойхонаи замонавї дар дењаи Асадуллои Љамоати дењоти “Навобод”, сартарошхона дар дењаи Шахтёри Љамоати дењоти “Њалевард”, њуљраи хатна дар дењаи Ќизилоктябри Љамоати дењоти “Маданият” ба анљом расида, дар муддатњои кўтоњтарин ба истифода супорида мешаванд. - Сохтмони корхонаи сементбарории ЉДММ «Моњир семент» дар Љамоати дењоти “Маданият”, мењмонхонаи чорошёна дар Љамоати дењоти “Навобод”, кошонаи њусн, сартарошхона, маѓоза дар Љамоати дењоти “Узун”, чойхонаи замонавї дар Љамоати дењоти
“Фрунзе”, майдончаи варзишї дар Љамоати дењоти “Фрунзе” дар арафаи анљомёбї мебошанд, - идома дод С. Мањмуродов. Тибќи иттилои манбаъ, бахшида ба ин санаи таърихї барќарорсозии шабакаи оби нўшокии шањраки Балх, корњои ободонї дар кўчаи марказї, маљмааи варзишї дар Љамоати дењоти “Њалевард”, сехи дўзандагї барои 200 љойи корї, майдони варзишї дар Љамоати дењоти “Навобод”, беморхонаи №1 дар Љамоати дењоти “Калинин”, азнавсозии Ќасри фарњанг дар Љамоати дењоти “Узун” ва бунёди дигар иншоотњо бомаром идома дорад. Фаромўз БОБОЕВ, “Хатлон”
ДЎСТЇ: Содироти 2594 тонна мањсулот ба хориљи кишвар Дар соли 2018-ум аз ноњияи Дўстї 2594 тонна мањсулоти кишоварзї ба хориљи кишвар содирот шудааст, ки 104 фоизи дурнаморо ташкил медињад. Рахим Бабаев, сардори Раёсати кишоварзии ноњия Дўстї, ба рўзномаи “Хатлон” иттилоъ дод, ки соли љорї дењќонон дар 14 216 гектар кишти мањсулоти кишоварзиро анљом доданд. Аз он љумла, ѓалладона 3201 га, гандум 2184 га, љав 356 га, љуворимакка барои дон 319 га, шолї 250 га кишт карда шудааст. Зироатњои техникї дар майдони 7393 га, аз он љумла пахта 7000 га, офтобпараст 140 га ва дигар зироатњои техникї 253 гектарро ташкил медињад. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноњияи Дўстї, дар ноњия сабзавот 1018 га кишт гардида, аз љумла карам 53 га, бодиринг 80 га, помидор 91 га, сабзї 242 га, пиёз 380 га, дигар намудњои сабзавот 172 га, картошка 200 га, полезињо 905 га, зироатњои хўроки чорво
1499 гектарро дар бар мегирад. Ќобили зикр аст, ки кишоварзони ноњия дар соли љорї: ѓалладона 20102 тонна (102 фоиз), гандум 10527 тонна (101 фоиз), љав 1068 тонна (102 фоиз), љуворимакка барои дон 1439 тонна (102 фоиз), шолї 1350 тонна (106 фоиз), пахта 11447,2 тонна (77,8 фоиз), офтобпараст 371 тонна (102 фоиз), дигар зироатњои техникї 595 тонна (92 фоиз) истењсол намуданд. Њамчунин, сабзавот 34903,5 тонна (133 фоиз), карам 1068 тонна (136 фоиз), бодиринг 1737 тонна (100 фоиз), помидор 1979,3 тонна (101 фоиз), сабзї 7298 тонна (145 фоиз), пиёз 14680 тонна, (137 фоиз), дигар намуди сабзавот 2597, 2 (102 фоиз), картошка 3022 тонна (76 фоиз), полезињо 33608 тонна (111 фоиз) ва зироатњои хўроки чорво 22600 тонна (112 фоиз) иљро кардаанд. - Дењќонони ноњия аз њисоби кишти такрорї 5544 тонна сабзавот, 5507 тонна ѓалладонагињо, 3200 тонна полезї ва 1200 тонна мева љамъоварї
намудаанд, ки ин нишондод 120 фоизи дурнаморо ташкил медињад, таъкид дошт Бабаев Рахим. – Инчунин дењќонон дар майдони 2971 га кишти тирамоњии барваќтї гузаронидаанд, ки 89 фоизи дурнаморо ташкил медињад. Аз он љумла, ѓалладонагињо 2092 га - 72 фоиз, сабзавот 574 га - 109 фоиз ва зироатњои хўроки чорво 304 га 79 фоизро ташкил медињад. Фаромўз БОБОЕВ, “Хатлон”
Узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон шодравон устод Барот Саид аслан пешаи омўзгорї дошту дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии ноњияи Кўшониён солњои зиёд вазифаи сарвариро адо кардааст. Мавсуф њунари хуби ќаламкашию нависандагї њам дошт, ки ўро миёни хонандагони бешумор маъруфу машњур карда буд. Аз вай чандин роману ќиссањо ба монанди “Дуд дар осмони Билисуф” (дар 3 љилд), “Ёрони Восеъ” (дар 2 љилд), “Неруи ишќ”, “Сояњои тирашаб” ва китобњои дигари назмию насрї ба ёдгор мондааст, ки бо забони ширину шево эљод шуда, аз мањорати баланди нависандагии вай дарак медињанд. Барот Саид дар баробари ин бисёр инсони њозирљавобу базлагўю хушчаќчаќе буд. Дар мањфилу маъракањо доим чун гули сари сабад бологузар буду њозиринро ба латифањои ширину намакинаш шод мегардонд. Банда ба њайси мухбири махсуси њафтаномаи “Бољу хирољ” дар вилояти Хатлон боре ба шањри Норак ба сафари хизматї рафтам. Дар ошхона тасодуфан бо марде вохўрдам, ки Ризо ном доштааст. Суњбатамон сари як пиёла чой тасфиду вай ќўрѓонтеппагї (њозира шањри Бохтар) будани маро фањмида, пурсид, ки Барот Саидро мешиносам? «Албатта», - љавоб додам ман. Он кас устоди тамоми ќаламкашони вилоят асту маслињатчиву насињатгари мољавонон. Ризо хоњиш кард, ки дар бозгашт
чун мўйсафедро бинам, ба ў саломи вайро расонам. Ў бо Барот Саид ќаробати хешутаборї доштааст. Њафтае баъд ба назди шоир Хайрандеш, ки њамон ваќт дар шањри Бохтар кору зиндагї мекард, рафтам. Устод Барот Саид њамроњи вай нишаста, суњбати гарме дошт. Шояд ба Хайрандеш ягон латифаи наву обнорасида наќл карда буд, ки вай механдид. Баъди салому алейк ва лањзаи њолпурсї аз устод савол кардам, ки Ризо ном мардро аз шањри Норак мешиносад? - Оре, вай хеши наздики мост, љавоб дод ў. - Њамон кас ба шумо салому паёми бисёре фиристоданд. - Боз чї гуфт? - тагпурсї кард устод. - Гуфт, ки шиками Баёзиро бурда сер карда, вайро гусел намоед. - Ман ин хел хеши беаќл надоштам, - хандид мўйсафед ва дасткушод, ки буд, аз рўи одат ману Хайрандешро ба ошхона таклиф кард. *** - Боре як њамдењааш Барот Саидро дида, мегўяд, ки њамин шаб худорањматии падарат ба хобам даромад. - Чї гуфт? - мепурсад устод аз вай. - Хоњиш кард ба шумо расонам, ки як чорво кушта худої намоед. - Аввалаш ин ки ту, ошно, рангу рањмати падари маро дар умри сарат надидаї. Марњум њанўз солњои сиюм аз љањон даргузаштааст. Ту ўро аз куљо шинохтї? Баъдан, агар вай падари ман мебуд, номаъќул карда ба
хоби писараш нею ба хоби ту медаромад, - найранги мардро, ки нияти зиёфатхўрї дошт, фош мекунад бобои Базморо. *** Устод солњои охир тез - тез нотоб мешуд. Боре сахт бемор шуду хешу табор умедашонро аз ў канда, дар гирди вай љамъ омаданд. Мўйсафед чашм кушода, ин њолатро диду асли гапро дарёфта, бо зарофат гуфт: - Парво накунед, агар Мункару Накир “облава” ташкил намуда, маро тасодуфан гирифта набаранд, ман бо ин наздикињо аз дунё рафтанї нестам. Сухани устод рост баромад. Баъди ин вай чандин соли дигар зиндагї карда, асарњои зиёди мондагоре офарид. С. БАЁЗЇ
ОРЗУИ ЉАМШЕДУ САЙЁРА АМАЛЇ ГАРДИД Дар арафаи Cоли нави 2019 Љамшед Беков ба мо занг зада, ба ин ид кормандони рўзномаро табрик намуд ва мужда расонд, ки бо мусоидати рўзномаи “Хатлон” соњиби замини наздињавлигї гаштааст. Вобаста ба мушкилоти Љамшед, рўзномаи вилоятии “Хатлон” зери сарлавњаи "Зиндагии офтобии Љамшеду Сайёра”, дар шумораи №1(3086) аз 1 январи соли 2017 мавод омода ва нашр гардид. Ин љуфти љавонон орзу доштанд, ки дар Соли нави мелодї соњиби манзили алоњидаи худ шаванд. Зеро Љамшед бо њамсараш дар як њавлї бо чор бародари оиладораш зиндагї мекунад. Нахустин шуда, рўзномаи “Хатлон” ба ин масъала диќќат дод. Баъди нашр гардидан, дигар расонањои хабарї низ аз ин њодиса огоњ шуда, аз зиндагии Љамшеду Сайёра гузоришњо омода намуданд. Дар баробари ин, Љамшед барои ноил шудан ба орзуи худ кўшиш менамуд ва боварї дошт, ки он амалї мешавад ва нињоят ба маќсади худ расид. Дар арафаи Соли нави мелодї аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Абдурањмони Љомї барои Љамшед ва Сайёра шаш сотих замини наздињавлигї људо намуданд. Ёдовар мешавем, ки Љамшед Беков, сокини дењаи Бањористони Љамоати дењоти ба номи Ќадриддин Ѓиёсови ноњияи Абдурањмони Љомї, маъюби гурўњи аввал аст. Худованд ба ин љавони 33-сола агарчи чашми бино надода, ў бо ќалби рўшану зењни гирояш муњаббати атрофиёнро ба даст овардааст. Сайёра
Худоёрова, зављаи Љамшед, зодаи мавзеи «Лолазор»-и ноњияи Данѓара мебошад. Ў низ бо Љамшед њамтаќдир аст. Ин ду нафарро барномаи «Чашми дил»-и радиои «Садои Душанбе», ки аз њаёти равшанзамирон ќисса мекунад, ба њам овардааст. Инсон дар тўли зиндагї бо мушкилот ва пастиву баландињои рўзгор, хоњ-нохоњ рўбарў мешавад. Бо дарназардошти ин, ба ќавли Љамшед Беков, инсон мављуди боќуввату тавоноест, ки бо бурдбориву сабурї ва кўшишу тадбир метавонад дар муќобили мушкилоти бузург ѓалаба ба даст биёрад. Љамшед бо Сайёра аз он ваќте, ки фањмиданд соњиби духтарча мешаванд, ният карданд номи тифлашонро Муњаррама мегузоранд. Њамин тавр њам шуд. Љамшеди масрур аз зиндагии обод талошу кўшиши бештар мекунад, то ањли хонаводааш таъмин бошад. Сайёра бошад, бо машварати хушдоманаш кори хонаву парастории љигарбандашро бидуни мушкил иљро мекунад. Дар њаќиќат, нафари муваффаќ онест, ки дар зиндагї њамеша орзуи нек мекунад. Ба ин маънї бузурге гуфтааст: Зиндагї бе орзу ширин набуд, Зиндагиро орзу ширин намуд. Бигзор, соли 2019 соли амалишавии орзуњои неку наљиби њар яки мову шумо бошад. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
3
ХАТЛОН
сешанбе, 1 январи соли 2019, №1 (3186)
Соли куњан, ки меравад, роњаш сафед бод, Эй соли нав, саодату нуру зиё биёр. 90 Рўзи ободониву бунёдкорї ва кабудизоркунї Мурољиатномаи мардуми сарбаланди шањри Норак дар бораи гузаронидани маъракаи «90 рўзи ободониву бунёдкорї ва кабудизоркунї» ба ифтихори љашни байналмилалии Наврўз ва 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон Љумњурии Тољикистон дар солњои соњибистиќлолї беш аз пеш рушд ёфта, бо ѓамхорињои пайвастаю созандаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон раванди ободонию сабзкорї ба маротиб боло рафт. Махсусан, дар маъракањои ободонї ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёди иншоотњои гуногуни иљтимої, аз ќабили муассисањои таълимию табобатї ва варзишї, корхонањои хурду бузург, биноњои баландошёнаи истиќоматї, таъмиру азнавсозии роњњои дохилї, кабудизоркунию чароѓонсозии канори роњу гирду атрофи кўчањо ва дигар корњои созандагию бунёдкорї босуръат идома доранд. Барои зиндагии шоистаи мо-сокинон, тамоми шароит муњайё буда, таъмини ањолї бо љойњои кор, дастгирии љавонон, ба тањсил фаро гирифтани наврасону љавонон, бахусус духтарон, љалби занони хонанишин ба мењнати фоидабахш ва ѓайра аз файзу баракати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад. Имрўзњо сатњи зиндагии ањолї низ зина ба зина боло рафта истодааст. Бешубња, ваќте кас дар кўчабоѓу растањо ва хиёбонњои фавворадори пургул, дарахтони ороишї ва чароѓон сайругашт мекунад, болидахотир гардида, аз фазои сулњу субот, вањдату ягонагї шукргузорї менамояд. Љињати истиќболи сазовори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии љумњурї имрўзњо дар асоси дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу
вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон дар шањри Норак низ корњои ободонї, бунёдкориву созандагї идома дорад. Мавриди зикр аст, ки мардуми фарњангсолори тољик аз ќадимулайём ба љашни Наврўз эњтироми хоса доштанд. Дар солњои соњибистиќлолї бо ибтикори нек ва пешнињоди Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон Наврўзи мо љањонї шуд ва дар саросари љањон дар рўњияи баланд љашн гирифта мешавад. Дар њаќиќат, Тољикистон ватани Наврўз аст. Мавриди зикр аст, ки бо дастуру пешнињоди Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љашни байналмилалии Наврўз соли 2019 дар шањри Норак таљлил карда мешавад. Мо-мардуми шањри Норак аз он сарбаландем, ки Наврўзи дарпешистода мањз дар шањри мо љашн гирифта мешавад. Ба ин шарафи бузург ноил шудан боиси ифтихор буда, моро мебояд имрўз аз дирўз бењтару хубтар кору фаъолият намуда, масъулияти дучандро пешаи худ намоем. Тавре ки Пешвои миллат таъкид доштанд: «Наврўз барои миллати тољик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо њатто дар даврањои мушкилтарини таърихї ин љашни муќаддас ва хуљастаи худро њимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз њамчун гавњари тобнок ва нишонаи љовидонаи тамаддуни халќи тољик њамеша нигањдорандаи расму ойин, фарњангу таърих ва нињоят, ватан буд». Аз ин рў, ин ид бо шукўњу шањомати хоса љашн
Муњимтарин рўйдодњои фарњангии соли 2018
ФЕСТИВАЛИ «АНДАЛЕБ-2018»: ЊАВАСКОРОНИ ЊАМАДОНЇ ДАР ЉОЙИ АВВАЛ Дар даври нињоии Фестивал-озмуни љумњуриявии телевизионии эљодиёти халќ «Андалеб-2018» љойи аввал насиби дастаи њаваскорони санъати ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонии вилояти Хатлон ва љойи сеюм насиби ноњияи Ёвон гардид. Дар номинатсияњои суруди анъанавии фалак – Мир Сайид Алии Њамадонї ва сањначаи њаљвї – ноњияи Ёвон ѓолиб дониста шуда, дастањои њунарии шањру ноњияњо барои иштироки фаъолона дар фестивали мазкур бо диплом сарфароз шуданд. Фестивали мазкур њамасола суруди њамсароёни бисёровоза (хор), гузаронида шуда, бањри дарёфнамоиши либосњои миллї, навозиши ти истеъдодњои нав, эњёи њунару умумї, хониши бадеї, раќс, суруд анъанањои миллї ва рушди боз њам ва навозиши якка, бадења ё лапар, бештари санъати ќадимаи тољик суруди анъанавї ва њаљвї, порча аз сањми калон мегузорад. Фестиваланъанањои мардумї, суруд ва ё раќси озмун аз 14 шарт, яъне намоиши халќњои сокини Тољикистон ва сюињунарњои мардумї «Бозори њунар», таи овозию раќсї иборат буд.
А. АБДУЛЛОЕВ БАРАНДАИ ЉОИЗАИ «БЕЊТАРИН НАЌШИ МАРДОНА» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ Њунарпешањои Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар тирамоњи соли 2018 бо намоишномаи «Арасот» барои иштирок дар фестивали байналмилалии театрњои касбї ба шањри Бишкеки Ќирѓизистон сафар намуданд. Намоишнома аз рўйи асари «Ќиёмат»-и Чингиз Айтматов дар коргардонии Парвиз Раљабов тањия гардида, ба 90-умин солгарди ин адиби маъруфи ќирѓиз бахшида шуда буд. Дар спектакл Њунарпешањои халќии Тољикистон А. Абдуллоев, М. Њољибоева, Њунарпешањои шоистаи Тољикистон М. Шомиддинов, Ќ. Шукуров ва њунармандони љавони театр наќшофарї кардаанд. Њунарпешаи халќии Тољикистон, роњбари театри мазкур Аловуддин Абдуллоев дар ин фестивал сазовори Љоизаи «Бењтарин наќши мардона» гардид.
гирифта мешавад. Мо - сокинони шањри Норак шукрона мекунем, ки соли 2019 дар фазои озод, дар мамлакати соњибистиќлолу обод ва дар фазои сулњу суботи комил бузургтарин љашни аљдодиамонНаврўз таљлил хоњад шуд. Мо-сокинони шањри Норак љињати иљрои њадафњои созандаи хеш барои истиќболи сазовори љашни Наврўзи љањонї, бо маќсади таќвият бахшидани корњои ободонию созандагї ва дар рўњияи баланди мењандўстиву ободкорї тарбия намудани сокинон «Маъракаи 90 рўзи ободониву бунёдкорї ва кабутизоркунї» эълон менамоем. Умедворем, ки шумо ва ањли оилаи шумо дар ин самт бо иќдоми беназир дар ободонии шањри азизамон бетараф набуда, њамарўза аз худ масъулияти баланд нишон дода, дар маљмўъ, тасмиму талошњои диёрдориро оид ба диёри озодагон табдил додан ва дар сатњи баланд таљлил намудани љашни Наврўзи Аљам моро њамаљониба љонибдорї хоњед намуд.
(Мурољиатномаи мардуми шарифи шањри Норак дар Иљлосияи њабдањуми Маљлиси вакилони шањри Норак даъвати панљум ќабул карда шуд)
Бинои нав ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон бањри бењтар намудани шароити кории кормандони зернињоди хеш дар шањру ноњияњои кишвар биноњои наву замонавии ба талаботи имрўза љавобгу сохта ба истифода дода, онњоро бо таљњизоти замонавї таъмин менамояд. Бинои шуъбаи сабти асноди њолати шањрвандии шањри Кўлоб низ тањти як лоињаи давлатї таъмиру тармим ва бо таљњизоти соњавї таъмин гардид. Бояд ќайд намуд, ки бинои мазкур њанўз бахшида ба 2700-солагии шањри Кўлоб бунёд гардида, тарњи он ба таври дигар сохта шуда буд ва кормандон дар он шароити хуби хизматрасониро ба ањолї надоштанд. Баъди таъмиру тармим дар дохили бино утоќњои корї ва њуљрањои гуногун сохта шуданд, ки шањрвандон метавонанд бе-
шветсарии «Бењтарин филми баланди тољикї» гардид. Муаллифи сенарияи филми њунарии «Сањв» Саиднуриддини Исмоил ва продюссери филм Рањматулло Шоев аст. Њунарпешањои халќии Тољикистон Ортиќ Ќодир, Зулхумори Иброњим, Мењриннисо Њољибоева, Назирмад Мўсоев ва њунарпешањои љавон Мафтуна Азизова ва Раљабалї Одинаев наќшњои асосиро дар филм офаридаанд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода пас аз намоиши филм барои шодбошии њайёти эљодї ба сањна баромада, зикр намуд, ки бо маќсади идома бахшидан ба анъанањои неки синамои миллї синамогарони тољик дар даврони истиќлолият тавонистанд масъалањои мубрами рўз ва набзи љомеаро дар як силсила филмњои худ инъикос намоянд.
КОЛЛЕЉИ САНЪАТИ КЎЛОБ МАЌОМИ ЉУМЊУРИЯВЇ ГИРИФТ Коллељи санъати ба номи Кароматулло Ќурбонови шањри Кўлоб бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 ноябри соли 2018 маќоми љумњуриявї гирифт. Муассисаи давлатии таълимии Коллељи санъати шањри Кўлоб ба номи Кароматулло Ќурбонов ягона муассисаи таълимии тањсилоти миёнаи касбии соњаи санъат дар вилояти Хатлон буда, бо супориши Шўрои Вазирони РСС Тољикистон аз 9 августи соли 1989 ба њайси филиали Омўзишгоњи мусиќии шањри Душанбе таъсис ёфта, аз 16 феврали соли 1993 Омўзишгоњи санъати шањри Кўлоб ба номи Кароматулло Ќурбонов гузошта шуд. Бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 августи соли 2004 таълимгоњ маќоми Коллељи санъатро гирифт ва он аз соли 2004 ба њайси Коллељи санъат фаъолият дорад. Феълан дар шуъбањои рўзонаи коллељ 146 нафар ва дар шуъбањои ѓоибона 162 нафар донишљўён тањсил менамоянд. Ба донишљўён 37 нафар омўзгорони соњибихтисос дарс мегўянд, ки аз онњо 3 нафар Њунарманди шоистаи Тољикистон, 12 нафар Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон, 2 нафар Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон, 2 нафар номзади илм, 2 нафар узви Иттифоќи композиторони Љумњурии Тољикистон ва 1 нафар узви Иттифоќи рассомони Љумњурии Тољикистон мебошанд. Дар коллељи мазкур аз рўйи ихтисосњои иљрокунандаи созї, рассомї, дирижёри хори халќї, фортепиано, сурудхонї, китобхонашиносї ва китобшиносї, эљодиёти халќ ва дирижёри хори академї мутахассисони касбї тайёр мешаванд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Ширинљон Сафарзода
ВОРИСИ ЊАЌИЌИИ СИНО Соли 2018 барои хонаводаи мо соли душвор буд. Зиндагї моро имтињон кард. Ќариб буд, ки набераи дўстрўямро аз даст медодем. Худоро шукр, ки бо мадади ворисони њаќиќии Ибни Сино саломатии ў барќарор гардид.
«ХАТЛОНСИНАМО» НАХУСТИН ФИЛМИ ЊУНАРИАШРО МУАРРИФЇ КАРД Дар ибтидои моњи декабри соли 2018 дар «Кохи Лоњутї»-и шањри Бохтар нахустнамоиши филми нави бадеии «Сањв» барпо гардид. Филми «Сањв» нахустин асари истењсолнамудаи муассисаи давлатии вилоятии «Хатлонсинамо» пас аз таъсисаш ба њисоб меравад. Филми мазкур, ки 65 даќиќа давом мекунад, муњтавои тарбиявї дошта, инъикосгари масъалањои оилавї, мушкилот дар муносибат миёни арўси хонавода бо модаршўяш ва сањву хатое мебошад, ки аз љониби љавонон дар љараёни рўзгордорї сар мезананд. «Сањв» сеюмин филми коргардони љавон Зафари Валї («Асрори таќдир», «Хаёлї») мебошад. Ќобили зикр аст, ки филми «Хаёлї» дар бахши филмњои миллии пуррањаљми 8-умин кинофестивали байналмилалии «Дидор-2018» соњиби љоизаи
мамониат аз сабти асноди њолати шањрвандї гузаранд. Дар маљлиси тантанавї ба ин муносибат вазири адлияи Љумњурии Тољикистон Рустам Шоњмурод, раиси шањри Кўлоб Хайрулло Амонулло ва дигар иштироккунандагон таъмиру азнавсозї ва бунёди иншооти гуногунро дар шањру ноњияњои кишвар ба хотири истиќболи сазовор аз 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва муњайё намудани шароити созгор бањри некўањволии сокинон арзёбї намуданд. Аќди никоњи 9 љуфт навхонадорон, ки ба ин рўз рост омад, дар њолати тантанавї гузаронида шуда, ба онњо шањодатномаи аќди никоњ ва туњфањо таќдим карданд. Ба дугоникњо низ шањодатномаи таваллуд ва туњфањо супориданд.
Ин рўйдоди нохуш пас аз он сар зад, ки њамсояамон дар таѓораи калоне оњаксангро ба об андохт ва аз беэњтиётї набераи 5-солаам Мансурљон ба дохили он даромад. Пойњояш сўхтанд. Зуд ба беморхонаи ноњияи Љалолиддини Балхї бурдем. Љарроњи таљрибадор Давлатбек Љононов кумаки аввалияи тиббиро ба ў расонид. Маълум гардид, ки рагњои пояш кашиш хўрдаанд. Њарчанд табибон кўшиданд, натиљаи дилхоњ ба даст намеомад. Як пояш андак кўтоњ шуда буд, њаракат карда наметавонист. Ба мо маслињат доданд, ки Мансурљонро ба шањраки тиббии Душанбе (медгородок) барем ва ба микрољарроњ Љонибек Љононов – писари Давлатбек Љононов мурољиат намоем. Љонибек, ки таљрибаи 16-солаи љарроњї доштааст, табобати набераамро ба уњда гирифт. Пойњояшро љарроњии пластикї карданд. Ваќте ки дар беморхона ба беморони дигар менигаристам, боварам намеомад, ки онњо пурра табобат шуда, њамчун фарди солим ба љомеа бармегарданд. Аммо натиљаи кори табиб Љонибек Љононовро дида, дар њайрат мондам. Дар њаќиќат, ин духтур мутахассиси хубу кордон, инчунин инсони хушмуомила ва хайрхоњ будааст. Ў њамчун табиби
воќеї сифатњои њалимиву хоксорї ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуѓли басо пурмасъулият љиддї ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат менамояд. Љ. Љононов бо суханњои рўњбахшаш ба њар бемор итминон медињад, ки сињат мешавад. Ба мо њам «шумо аз роњи дур омадаед» гуфта, дар ройгон дастрас намудани доруворї кумак мекард. Абўалї ибни Сино барњаќ фармудааст: «Агар шоирон њокимони сухан бошанд, табибон фариштагони саломатї мебошанд. Зеро шоирон бо сухани хушоянд ба рўњи инсон хушњолї мебахшанд ва табибон љисми ўро бо садоќат ва хайрхоњї табобат мекунанд». Дарвоќеъ, тавре ки Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид кардаанд, рисолати вориси Абўалї ибни Сино будан танњо бо доштани тањсилоти олї ва пўшидани хилъати сафед ба охир намерасад. Кору пайкор ва осори Шайхурраис гувоњ аст, ки ў танњо бо ташхису табобати беморон ќаноат накарда, њамчун шахсияти иљтимої ва фаромиллї барои инъикос ва њимояи ѓояву арзишњои бузурги башарият сањми беназир гузоштааст. Ман њам фикр мекунам, ки табиби њозиќ Љонибек Љононов аз љумлаи ворисони арзандаи Ибни Сино мебошад. Ду-се моњ тањти назорати ин табиб набераамро муолиља кардем. Њоло Мансурљон дубора мустаќилона роњ гашта истодааст. Ин бењтарин муждагонї барои ањли хонаводаи мост дар соли нав. Бовар дорам, ки табибони мамлакатамон бо дарки масъулияти баланди касбї барои њарчи бењтар гардидани тандурустии ањолии кишвар сањми арзандаи худро дар оянда низ хоњанд гузошт. Фотима Бобоёрова, омўзгори МТМУ №1-и ноњияи Љ. Балхї
Рўзномаи вилоятии «Хатлон», нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар соли 2018-ум 48 шумора дар њаљми 4-сањифагї бо теъдоди аз 8,4 то 9 њазор нусха ба тарзи офсетї аз чоп баромада, дар 25 шањру ноњияи вилоят дастраси муштариён гардид.
«ХАТЛОН»
сари ваќт дастраси хонанда буд Рўзнома дар сањифањои худ хабару навигарињои шањру ноњияњои вилояти Хатлонро дарљ карда, њамчунин гузоришњо аз рафти иљлосияву машваратњо, љаласањои назди раиси вилоят оид ба муњокимаи масъалањои рўзмарра, бобати љараёни иљрои ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, ќарорњои раиси вилоят омода намуда, рўйи чоп овард. Хабарнигорони рўзнома дар давоми сол фаъолияти босамари эљодї намуда, бешаз 2000 хабару маќолањои тањлилию танќидии худро пешкаши муштариён карданд. Њамчунин, дар соли сипаришуда ба шуъбаи номањои рўзнома беш аз 460 мактуби хонандагон ворид шуда ќисмате аз онњо рўйи чоп омаданд. Маводњои батабърасида бештар масъалањои вусъат бахшидан ба корњои ободонї, кабудизоркунї, вазъи корњои кишоварзї ва дигар соњањои хољагии халќ, иду љашнњои дар ин давра баргузоргашта, баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї, тањкими сулњу дўстї, вањдату
якдигарфањмї, њамчунин лавњаю очерк аз њаёти шахсони касбу кори гуногун, чорабинињои ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бахшидашударо фарогир буданд. Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї аз 22 декабри соли 2017 дар рўзнома чоп шуда. махсусан пешнињоди Сарвари давлат дар бораи Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон шудани соли 2018 аз љониби мардум якдилона љонибдорї ёфт. Идораи рўзномаи «Хатлон» тањти рубрикаи «Њунарњои мардумї» дар бораи касбу њунарњои анъанавии тољикон ба хонандаи худ маълумот пешнињод гардонид. Инчунин, «Хатлон» гўшаи «Марњамат ба Хатлон!»-ро бо маќсади таблиѓи имкониятњои соњаи сайёњї, муаррифии мавзеъњои туристї, обњои шифобахш, ёдгорињои таърихї – фарњангї ва љалби сайёњони ватанию хориљї ба ин мулки бињиштосо пешнињоди хонандаи гиромии худ намуд.
Давоми соли 2018 котибони матбуотї ё масъулони њамкорї бо ВАО-и маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, шањру ноњияњо, Суди вилоят ва намояндагии Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон, Сарраёсати омор, Суди иќтисодї, Сарраёсати кишоварзї, Хадамоти оташнишонї бо рўзномаи “Хатлон” њамкории хуб доштанд. Боиси ифтихор аст, ки рўзномаи “Хатлон” дар соли 2018 бо Дипломи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон барои иштироки фаъолона дар инъикоси муњимтарин ва тозатарин рўйдодњои сиёсї, иќтисодї, иљтимоиву фарњангии кишвар ва ба ифтихори Рўзи матбуоти тољик сарфароз гардид. Изњори умедворї мекунем, ки њамкории шумо - алоќамандони рўзномаи «Хатлон» бо мо дар соли нави 2019 низ идома меёбад. Бо мо бошед! Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
ЉАЛАСАИ ЉАМЪБАСТИИ ШЎРОИ ЊАМОЊАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВЇ Дар нишасти навбатии Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар вилояти Хатлон, ки чанде пеш тањти роњбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид, фаъолият ва дастовардњои ин шўро дар соли 2018 мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифт. Махфират Хидирзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки вобаста ба Барномаи давлатї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014-2023 ќарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111 ба тасвиб расида, дар асоси наќшаи чорабинињои тасдиќшуда раёсатњо, шуъбаю бахшњои дахлдори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисањои вилоятї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо фаъолият мебаранд. Маълумот дода шуд, ки тайи се соли охир дар ВАО-и чопии вилоятї беш аз 110 маќола, гузориш ва хабар доир ба фаъолияти Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила ба чоп расидааст. Аз соли 2016 то моњи майи соли 2018 аз љониби филиали ГОПА дар Љумњурии Тољикистон дар доираи Лоиња оид ба пешгирии зўроварии хонаводагї (PDV), бо дастгирии молиявии Швейтсария як ќатор тренингњои омўзишї барои кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, маориф, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, марказњои ёрирасон, марказњо ё бахшњои офиятбахшию тиббию иљтимої барои љабрдидагон, шуъба ва бахшњои кор бо занон ва оила, оид ба корњои дини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо љињати бењтар намудани буди сатњи огањии ањолї аз мушкилоти зўроварии оилавї равона гардидааст. Дар њамкорї бо филиали ГОПА дар Тољикистон дар шањру ноњияњои вилоят семинарњои омўзишї, мизњои мудаввар, аксияњо ва дигар чорабинињои оммавї дар доираи “16 рўзи мубориза алайњи зўроварї” гузаронида шуд. Аз љумла дар маркази вилоят – шањри Бохтар аксия тањти унвони “Оилаатонро эњтиёт намоед” бо љалби донишљўдухтарони ризокор (волонтёр) доир гардид, ки дар рафти он зиёда аз 1500 адад буклетњои тарѓиботї ба ањолї таќсим карда шуд.
- Дар 9 моњи соли 2018 ба Марказњои машваратїиттилоотие, ки дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва бахшњои кор бо занон ва оилаи шањру ноњияњо амал мекунанд, 1749 нафар, аз он љумла 1360 зан мурољиат намуда, аз машварати ройгони њуќуќшиносон ва равоншиносон бањраманд гаштаанд, - зикр кард муовини раиси вилоят М. Хидирзода. – Аз љумла 338 њолати зўроварї дар оила ба ќайд гирифта шуд. Њамчунин дар баробари пешбурди корњо бо љабрдидагон, соли 2018 дар вилоят таљрибаи нахустини кор бо шахсони содиркунандаи зўроварї низ оѓоз гардид. Бо дастгирии филиали ГОПА дар Тољикистон дар шањри Левакант њуљраи машваратї бо зўроварон кушода шуда, дар 11 моњи соли 2018 бо 43 нафар зўроварон, аз он љумла 35 нафар мардон, корбарї сурат гирифт. Елена Максименко, директори филиали ГОПА дар Љумњурии Тољикистон, зикр кард, ки дар соли 2018 мониторинги фаъолияти аъзои шўро сурат гирифта, шўроњои нави њамоњангсозии байниидоравї дар шањру навоњии вилоят созмон дода шуданд. Инчунин, соли 2018 лоињаи GOPA/PDV дар коркарди роликњо оид ба пешгирии зўроварї дар оила ва баргузории чорабинињои таблиѓотию маърифатии дигар мусоидат кард. - Бо маќсади баланд бардоштани иттилоотнокї ва маърифати њуќуќии ањолї оид ба оќибатњои номатлуби зўроварї дар оила, нисбати занон, кўдакон ва оилањои муњољирони мењнатї Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ва аъзоёни Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят мунтазам чорабинињои иттилоотї ва маърифатиро байни ќишрњои мухталифи љомеа баргузор намояд, - гуфт Махфират Хидирзода дар поёни љамъомади Шўро. – Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят таъмини њадафњои Барномаи давлатї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014-2023-ро зери назорати доимї ќарор дода, тадбирњои заруриро амалї менамояд. Н. Маъмурзода, «Хатлон»
ДАР КЎШОНИЁН ЊУЉРАИ МАШВАРАТДИЊИИ ФАРДИИ ЗАНОН ИФТИТОЊ ЁФТ Дар бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Кўшониён њуљраи машварати фардї барои занон ба фаъолият оѓоз намуд. Дар маросими ифтитоњи ин њуљра муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовини раиси ноњияи Кўшониён Дилафрўз Шукруллозода, директори филиали ГОПА Мбх дар Тољикистон Елена Максименко иштирок карданд. Мењмононро дар назди ин марказ занону духтарон бо намоиши либосњои миллии атласу чакан ва сўзанию дигар анвои њунарњои мардумї истиќбол гирифтанд. Тавре ки Фирўза Љобирова, яке аз масъулони Лоињаи «Пешгирии зўроварии хонаводагї» (PDV), иттилоъ дод, њуљраи мазкур барои машваратдињии фардии занон аз тарафи Филиали ГОПА Мбх дар Тољикистон таъсис ёфта, бо дастгирии молиявии Њукумати Швейтсария таљњизонида шудааст. Ин њуљра ба хотири дастгирии њуќуќию равонии занони хушунатдида таъсис дода шуда, равоншинос, њуќуќшинос ва корманди иљтимої ба таври ройгон ба бонувон машварату кумак хоњанд кард. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар маросими ифтитоњи њуљраи мазкур иброз дошт, ки зўроварї дар оила яке аз зуњуроти бисёр густурдаи иљтимої дар тамоми кишварњои олам мањсуб гардида, барои пешгирии ин њуќуќвайронкунии љиддї дар љумњурии мо чорањои ќонунї ва ташкилї андешида мешаванд. Дар мамлакати мо Ќонун «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила» амал карда, муносибатњои љамъиятиро вобаста ба пешгирии зўроварї дар оила танзим ва вазифањои субъектњои пешгирикунандаи зўроварї дар оиларо доир ба ошкор, пешгирї ва бартарафсозии
сабаб ва шароитњои ба он мусоидаткунанда муайян мекунад. Гузаронидани суњбатњои инфиродї натанњо бо љабрдидагони хушунат, балки бо агрессорњои оилавї низ бисёр муњим аст, зеро чунин суњбат ба онњо дар дарки нодурустии рафторашон, инчунин пайомадњои ќонунии ин амалашон кумак мекунад. Дилафрўз Шукруллозода, муовини раиси ноњияи Кўшониён, таъсиси њуљраи машваратдињии фардии занонро тадбири сариваќтї номида, афзуд, ки љињати пешгирии хушунати оилавї, тањкими њамдигарфањмї ва устувории оила дар чорчўбаи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила”, ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 19 марти соли 2013 ба имзо расониданд, дар ноњияи Кўшониён як ќатор корњои шоиста анљом дода шудааст. Дар натиља, сатњи зўроварї дар оила коњиш ёфта, мизони азњампошии оилањо низ камтар гардидааст. “Бо вуљуди ин тадбирњо, њанўз њам проблемаи зўроварии хонаводагї омили нигаронкунанда боќї монда, таваљљуњи њамарўза мехоњад”, - афзуд муовини раиси ноњияи Кўшониён. Таъкид гардид, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, зўроварии оилавї љиноят эътироф гардидаву нисбати нафароне, ки бевосита ва ё бавосита ба
чунин аъмол даст мезананд, љазои љиноятї пешбинї шудааст. Масъалаи зўроварї дар оила масъалаи муњими љомеаи имрўза ба њисоб рафта, мебояд ба љабрдидагони хушунати оилавї кўмаки сариваќтї расонида шавад. Дар инъикоси дуруст, тањлил, дарёфт, пешгирї ва аз байн бурдани омилњои асосии ба зўроварии оилавї мусоидаткунанда наќши рўзноманигорон муњим арзёбї карда шуд. Албатта, барои коњиш додани ин зуњуроти барои љомеа номатлуб маќомоти дахлдори давлатї дар якљоягї бо кормандони њифзи њуќуќ, равоншиносон, ходимони дин ва ањли љомеа низ бояд сањмгузор бошанд. Бо маќсади њимоя намудани њуќуќњои ањолї тавассути таќвияти чорањо оид ба эътинои сохторњои давлатї ба њолатњои зўроварии хонаводагї дар мамлакат аз соли 2004 лоињаи «Пешгирии зўроварї дар оила» (PDV) амал мекунад. Он аз љониби Њукумати Швейтсария маблаѓгузорї шуда, аз љониби Филиали GOPA дар Тољикистон амалї мегардад. Ба гуфти Елена Максименко, директори Филиали GOPA, яке аз вазифањои лоиња дастгирии муассисањои давлатї дар њамоњангсозии сиёсат оид ба пешгирии зўроварї дар оила ва расонидани хизматрасонии самаранок ба ањолї мебошад. Инчунин, дар сурати мављуд будани нишонањои зўроварї љабрдидагон метавонанд ба бахшњои кор бо занон ва оилаи шањру ноњияњо, марказњои захиравии занон ва марказњои буњронї мурољиат кунанд. Н. Мустафо, «Хатлон»
4
ХАТЛОН
сешанбе, 1 январи соли 2019, №1 (3186)
Тавсия ба кадбонуњо
ДАСТУРХОНИ СОЛИНАВИРО БО ЧЇ ОРОИШ ДИЊЕМ? Дар соли нав њар кас мехоњад, ки дастурхони идонае биорояд ва њамроњи ањли оила гирди он љамъ омада, дар баробари суњбатњои ширину ёдоварї аз лањазоти хотирмони соли гузашта, инчунин ѓизоњои лазизи солинавиро нўши љон намояд. Бо дарназардошти ин, идораи рўзномаи «Хатлон» барои кадбонуњо тарзи тањия намудани се мањсулоти солинавиро пешнињод мекунад, ки бо ваќт ва маблаѓи кам тањия гашта, бешак, дастурхони солинавиро ороиш хоњад дод.
МУРЃ БО АНАНАС
Мањсулоти лозимї барои 6 портсия: Гўшти биќини мурѓ - 600 г, ананас - 350 г, майонез - 30 г, пиёз - 3 дона, намак - 1 ќошуќча, панири сахт - 200 г, равѓани растанї - 2 ќошуќ. Тањияи ѓизо дар 10 ќадам (Барои тањияи он 40 даќиќа ваќт сарф мешавад). Ќадами 1: Гўштро зери плёнка гузошта лат мезанем. Ќадами 2: Онро рўйи зарф дар шакли 23 ба 30 см мегузорем. Ќадами 3: Пиёзро тоза карда, дар намуди њалќањо мебурем. Ќадами 4: Пиёзро то пухтанаш мебирёнем. Ќадами 5: Пиёзи бирёнро ба рўйи гўшт мегузорем. Ќадами 6: Ба рўйи пиёз аз
майонез дар шакли панљара (тўр) мекашем. Ќадами 7: Аз ананаси консервашуда 6 њалќача бурида, ба болои он мегузорем. Ќадами 8: Панирро ба тароша (тёрка) гузошта, соиш медињем. Ќадами 9: Аз болои ананас панир мепошем. Зарфро ба тафдони то 180 дараља гарм ба муњлати 30 даќиќа мегузорем. Ќадами 10: Дар натиља, чунин ѓизои хушлаззати солинавї омода мешавад. Нўши љон!
ХЎРИШИ СОЛИНАВЇ
Мањсулоти лозимї барои 8 портсия: Гўшти биќини мурѓ – 300 г, тухми мурѓ – 3 дона, майонез – 3 ќошуќ, панири сахт – 150 г, салати сабзї (корейская морковь) - 150 г. Тањияи ѓизо дар 10 ќадам (Барои тањияи ин хўриш 30 даќиќа ваќт сарф мешавад). Ќадами 1: Тухмро пешакї обпаз намуда, гўшти мурѓро мепазем (дар тафдон ё тариќи обљўш). Ќадами 2: Гўшти пухтаро майда реза мекунем. Ќадами 3: Панирро ба тароша (тёрка) гузошта, майда мекунем. Ќадами 4: Зардии тухмро аз сафедааш људо карда, дар алоњидагї лат мезанем. Ќадами 5: Мањсулоти хўриш тайёр шуд. Акнун ба ороиши он мепардозем. Дар ќабати аввали
он гўшти мурѓ ва майонез мегузорем (дар шакли доира). Ќадами 6: Ќабати дувум - салати сабзї ва майонез. Ќадами 7: Ќабати сеюм - зардии латхўрдаи тухм ва майонез. Ќадами 8: Ќабати чорум - панир ва майонез. Ќадами 9: Ќабати панљум сафедаи тухм ва майонез. Ќадами 10: Болои хўришро бо сабзии борик буридашуда дар шакли раќамњои римї ороиш медињем. Хўриш тайёр шуд. Онро 2-3 соат дам дода, ба рўйи дастурхон мегузорем.
ТОРТИ АННА ПАВЛОВА
ХУБОН
Соли нав
Соли нав мерасаду соли куњан мегузарад, Боз як сол зи умри туву ман мегузарад. Солњо сарфи ѓарибї шуда ин умри азиз, Шукри имсол, ки дар соли ватан мегузарад. Арча имрўз ба сад ранг кунад љилвагарї, Базми мо гирди њамин куртачакан мегузарад. Рўзи мавлуд ва рафти њамаи соли Масењ, Ба ќадањљангу ба раќсу ба сухан мегузарад. Ба њама бахт бихоњед дар ин соли навин, Кас чї донад, ки чињо бар туву ман мегузарад. Чўпон Бадали Ванљї
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
ЧЇ ХИСЛАТ ДОРАД? (1959, 1971, 1983, 1995, 2007, 2019)
Нафарони дар соли хук таваллудшуда табиати якравї доранд. Ба сухани касе гўш намедињанд, аз рўйи хости дили худ кор мекунанд. Хубон дар зиндагї ба шарте ёри мењрубону мушфиќ мегардад, ки њамсафари њаётиаш дар соли харгўш ё гўсфанд ба дунё омада бошад. Аллакай нафари дар соли харгўш ва гўсфанд ба дунё омадаро пайдо карда бошед, њељ гоњ дилашро наранљонед. Оилаи шумо мустањкам ва хушбахт мегардад. Занњои дар ин сол таваллудшуда нисбати шавњар
ва фарзандони худ нињоят мењрубонанд. Барои хушбахтии онњо ба њама кор ќодиранд. Њангоми ба мушкилї рў ба рў омадан, пеш аз њама, фикри ањли оилаашро мекунад, пасон худашро. Њаргиз намегузорад, ки бегонае ба зиндагии оилавии онњо дахолат кунад. Мардњо бошанд, ороманд. Вале нисбати оила нињоят сахтгиранд. Ба нодонї задани худро дўст медоранд. Дўст намедоранд, ваќте онњоро ба ин ё он кор маљбур мекунанд. Њама корро бояд ба хоњиши худ иљро кунанд. Нисбати либоспўшї ањамият медињанд, барояшон муњим он аст, ки урён набошанд. Дар зиндагї аз бевафоии њамсафари њаётї метарсанд. Рамзияи ДАВЛАТ, сокини шањри Бохтар, Ашк ЮСУФЇ, Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Мањсулоти лозимї барои 6 портсия: Барои гулољ (корж): се дона тухм, 180 г шакар, як ќошуќча сиркои шаробї, як ќошуќи хурд крахмали љуворимакка. Барои шира (начинка): 300 г саршир (сливки), 2 ќошуќ хокаи шакар, 3-4 дона ќулфинай, як дона киви. Тањияи ѓизо дар 10 ќадам (Дар як соату 30 даќиќа тайёр мешавад). Ќадами 1: Бењтар аст, ки шакари майда истифода гардад, зеро обшавии он осонтар аст. Агар крахмали маккадонаї надошта бошед, метавонед бемалол аз крахмали картошкагї истифода кунед. Равѓаннокии саршир набояд аз 33% кам бошад. Ќадами 2: Корро аз људокунии сафеда аз зардии тухм шурўъ мекунем. Ягон зарра зардии тухм набояд ба сафеда омехта шавад. Сафедаро ба зарфи тозаи хушк мерезем. Ќадами 3: Сафедаро лат медињем ва аз се як њиссаи хокаи шакарро кам-кам ба он омехта мекунем. Њар ваќте шакар омехта мекунед, дар муддати 2-3 даќиќа сафедаро лат дода истодан лозим. Агар ин корро накунед, безе мустањкам намешавад ва вазни шира (начинка)-ро бардошта наметавонад. Ќадами 4: Баъди он ки тамоми шакар ба сафеда њамроњ гардида, мањлул тайёр мешавад, сиркои шаробї ва крахмалро ба он мањлул илова мекунем. Боз њам 2-3 даќиќа мањлулро сахт лат медињем. Агар хоњиш дошта бошед, ба безе метавонед ванилин њамроњ кунед. Сафедаро то сахт шуданаш лат додан лозим. Ќадами 5: Дар вараќи пергамент доираи ќутраш 20-23 см мекашем. Барои он ки вараќ наљунбад, онро ба шираи сафеда ширеш мекунем. Ќадами 6: Бо ќошуќ безеи
тайёршударо ба рўйи доираи тасвиркардаамон мегузорем. Пасон, миёнаи безеро андак мековем, то ин ки барои крем ва начинка љой монад. Онро дар њарорати 130 дараља давоми 1 соат мепазем. Ќадами 7: Дар зарфи тозаи шишагї саршир(сливки)-и хунуккардашударо мерезем. Ќадами 8: Онро то ѓафс шуданаш мекўбем, хокаи шакар (пудра) илова карда, омезишро идома медињем. Агар хоњиш дошта бошед, ба ин мањлул низ ванилин изофа кардан мумкин аст. Агар саршир наѓз лат намехўрда бошад, ба он кислотаи лимў ё чанд ќатра оби лимўро илова намоед. Мањлул, ки омода шуд, ба яхдон гузоред. Ќадами 9: Киви ва ќулфинайро реза карда, дар салфеткаи коѓазї хушк мекунем. Агар хоњед, ба он хокаи шакар илова кардан мумкин. Инчунин меваљоти мулоими табъи дилатонро, мисли малина, маракуйя, папайя, манго, шафтолу илова кардан мумкин. Дар зимистон аз меваљоти консервашуда истифода намоед. Ќадами 10: Коржи тайёршударо аз тафдон гирифта, то хунук шуданаш мунтазир мемонем. Ба миёнаљойи торт сарширро гузошта, бо меваљот онро ороиш медињем. Онро чанд муддат дар яхдон нигоњ медорем. Кор тамом. Торти хушмаззаро бо чой, ќањва ва лимонад нўшидан мумкин аст. Бо иштињо! Омодасоз Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
барњам мехўрад Филиали ТЉ байналмилалии хайриявии “Њомиёни Ватан”-и Љумњурии Тољикистон дар шањри Норак, ки дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон тањти №94 Ф аз 01.12.2017 ба ќайд гирифта шудааст, барњам мехўрад. Филиали ТЉ байналмилалии хайриявии “Њомиёни Ватан”-и Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Панљ, ки дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон тањти №95 Ф аз 25.01.2018 ба ќайд гирифта шудааст, барњам мехўрад. Филиали ТЉ байналмилалии хайриавии “Њомиёни Ватан”-и Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Љайњун, ки дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон тањти №98 Ф аз 15.03.2018 ба ќайд гирифта шудааст, барњам мехўрад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Носирљон МАЪМУРЗОДА
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 29.12.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8500 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896