Skip to main content

Шумораи №8-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

ТАСДИЌИ РАМЗИ «30-СОЛАГИИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН»

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №8 (3244)

СЕШАНБЕ, 28 январи соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Бовар дорам, ки эњёву таљлили љашни Сада њамчун рамзи истиќболи фасли нуру гармї, некиву саховатмандї, сарљамъї ва вањдати кулли шањрвандон дар густариши корњои ободониву созандагї ва хуррамиву пешрафти Тољикистони азизамон наќши муассир гузошта, дар оѓози сол чун паёмовари Наврўзи оламафрўз ба зиндагии мардуми шарифи Тољикистон муждаи хуррамиву хушбахтї хоњад овард. Бо чунин ниятњои нек, бори дигар кулли мардуми шарифи кишварро бо фарорасии љашни бостонии Сада самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони њар як фарди Ватани азизамон сулњу сафо, файзу баракат ва бахту иќболи баланд орзу менамоям. Љашни Сада муборак бошад, њамватанони азиз! (Аз Паёми шодбошии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати љашни Сада)

САДА - ОЃОЗИ ОМОДАГЇ БА КИШТУ КОРИ БАЊОРЇ Мардуми сарбаланду фарњангдўсти тољик тўли њазорсолањо таъриху тамаддун, расму оинњои ниёгони хешро нигоњ дошта, то ба имрўз ба мо мерос гузоштаанд. Сада низ амсоли љашнњои Наврўзу Мењргон, Тиргон мањз дар даврони соњибистиќлолї эњё ва рушду нумуъ ёфт. Инак, соли панљум аст, ки дар сар то сари ватани азизамон њамагон љашни Садаро таљлил менамоянд. Љавњари аслии Сада аз љанбаи инсонпарварона, дўст доштани табиат ва расидан ба ќадри обу замини диёр иборат мебошад. Муњим аз њама Садаро ниёгони мо дар замони соњибистиќлолии ватани азизамон - Тољикистон бо шукўњу шањомати хоса таљлил менамоянд. Рўзи 25 январи соли равон дар маркази вилоят -шањри Бохтар

љашни Сада бо тантана таљлил гардид. Зањматкашони 25 шањру навоњии вилоят дастранљи хешро ба намоишгоњ оварда буданд. Меваю сабзаљот, полезї, гандуму наск, мош, заѓир, биринљ ва тухмињои гуногуни зироати кишоварзиву гулу нињолњо диќќати њамагонро ба худ љалб менамуд. Љашни Сада мавсими омодагї ба кишту кори бањорї, рањої аз сардињои зимистон, ѓалабаи рўшної бар зулмот мебошад. Ба њамин назар кишоварзони вилоят бо афрўхтани оташ љашнро оѓоз бахшиданд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, директори Агентии бењдошти замин ва обёрии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Холмурод Рањмон аз намоиши дастовардњои хољагии халќи шањру ноњияњо дидан на-

муда, ба кишоварзон суњбат оростанд, Дар намоишгоњ дар баробари садњо њазор бех гулу дарахтони ороишиву мевадињанда, тухмињои пахта, гулу сабзаљот, полезї ин чунин мањсули дасти саноатчиён, ки аз ашёи хоми ватанї истењсол гардида буд, пешнињоди иштирокдорони љашни Сада гардонида шуд. Мењнаткашони навоњии кўњистон мевањои хушку чормаѓз, асалу бодоми талху ширин, тутпису мавиз, ќорчу дулона ва ќуруту равѓани зард ва маскаро ба намоиш гузоштанд. Кадбонуњои хушсалиќа фатирмаскаву ширбиринљ, ќурутобу чанголї барин таомњои милиро, ки хоси фасли дай мебошад, пешкаши њамагон намуданд. Дар намоишгоњи љашни Сада иштирокдорон бори дигар аз њунари волои бонувон, таомњои

миллї, нону гирдача, тањмолу ќалама огањ гардиданд. Устоњои дуредгар мањсули дастони муъљизаофари хешро, ки дар пешбурди фаъолияти кишоварзон наќши бориз дорад, ба намоиш гузоштанд. Садои навои дутору таблак, базми фалаксароён бо алангаи оташи љашни Сада ба афлок печида, аз рўзгори осудаи њамагон, тантанаи вањдату њаёти хуррами сокинони ватани азизамон шањодат медод. Сипас, дар толори театри вилоятии мусиќї -мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар ќисмати тантанавии љашни Сада баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода њозиринро бо љашни Сада, иди кишоварзон, ѓалабаи рўшної бар зулмот, сардї ба гармї табрик намуд.

Дар вазъияти тантанавї ба собиќадорони соњаи кишоварзї, муовинони раисони шањру ноњия оид ба соњаи хољагии ќишлоќ ва бењтарин кормандони соњањо сипоснома ва туњфањои пуливу молї супурда шуд. Њамчунин, озмуни бењтарин шањру ноњияњо љамъбаст гардида, ѓолибон бо автомашинањои сабукрав ќадрдонї гардиданд. Дар љамъбасти бењтарин шањру ноњияњо ноњияи Данѓара соњиби Шоњљоиза «Тољи заррин» ва автомашинаи тамѓаи «Тайёта РАФ-4» гардид. Њамчунин, аз рўи номгўи мазкур ноњияи Ќубодиён сазовори Вимпел ва автомашинаи тамѓаи «Зефира», ноњияи Дўстї бо Вимпел ва автомашинаи тамѓаи «Хундай Туќсон» ќадрдонї карда шуданд. Санъаткорони вилоят барномаи фарњангии хешро, ки муњтавояш васфи љашни Сада, дўст доштани ватан, обу хоки мењан буд, пешкаши њозирин гардониданд.

Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз байни рамзњои пешнињоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон рамзи «30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон»-ро тасдиќ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандї шуда, давродаври он ба забонњои тољикї ва англисї “Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон” ва раќамњои “1991-2021” бо рангњои зарњалї навишта шудааст. Дар ќисми марказї раќами 30 бо њошияи зарњалї бо истифода аз рангњои парчами миллї ва дар ќисми болои раќам яке аз рамзњои давлатдории тољикон – тољ дар заминаи кўњњои пурбарф

љой дода шудааст. Ќисми поёни раќам њадафњои стратегии Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роњи сеќабата, агрегати НБО, обпарто ва наќб – ифодагари дастовардњои назарраси кишвар мебошанд. Дар ќисми мобайнї дарахтони сарсабз, дашту пуштањо ва боѓњо нишонае аз рушди дењот буда, баёнгари табиати бињиштосои кишвар мањсуб меёбад. Тољ, раќами 30, осмони соф ва кўњњо аз фазои сулњу суботи Тољикистони соњибистиќлол дарак медињанд. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» васеъ истифода баранд.

ТАСДИЌИ РАМЗИ «СОЛЊОИ РУШДИ ДЕЊОТ, САЙЁЊЇ ВА ЊУНАРЊОИ МАРДУМЇ» ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛЊОИ 2019-2021

САДА РАМЗИ ИСТИЌБОЛИ ФАСЛИ НУРУ ГАРМЇ АСТ СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА БАХШИДА БА ТАЉЛИЛИ ЉАШНИ САДА

Сада яке аз љашнњои бостонии миллати тољик, аз љумлаи ойинњои эњёшудаи ниёгонамон ба њисоб рафта, дар њамаи минтаќањои кишвари азизамон таљлил карда мешавад. Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон чунин баён доштаанд: “Миллати тољик соњиби ойину суннатњои бостонї ва фарњанги ќадима буда, дар тамаддуни љањонї сањми сазовор гузоштааст. Суннату ойинњои нек ва љашнњои миллии мо, мисли Наврўз, Мењргон ва Сада дар тўли таърих барои тарѓиби ахлоќу маънавиёти созанда хизмат кардаанд”. Иди Сада дар баробари идњои Наврўз ва Мењргон, яке аз љашнњои ќадимаи мавсимии халќњои ориёинажод ба шумор рафта, рўзи 10-уми моњи Бањмани солшумории шамсї таљлил мегардид, ки мутобиќи солшумории мелодї ба поёни рўзи 30-юм ва оѓози рўзи 31-уми январ рост меояд. Аз ин рў, бо амри Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Иди

Сада дар саросари љумњурї бо шукўњу шањомати хоса љашн гирифта мешавад. Дар чунин рўзи фарањбахшу бошукўњ ба забон овардани дастовардњои кишоварзони вилоят, албатта, боиси болидарўњии кишоварзон гашта, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки натиљаи фаъолияти кишоварзони олињиммат ва ќадршиносии мењнати пешќадамони истењсолотро, мањз дар њамин рўз доир намояд. Соњаи кишоварзї яке аз самтњои афзалиятноки рушди устувору босуботи иќтисодию иљтимої мањсуб ёфта, дар таъмини амнияти озуќаворї, фаровонии бозорњои истеъмолї, таъмини корхонањои саноатї бо ашёи хоми ватанї, таъсиси љойњои корї ва баланд бардоштани сатњи некўањволии сокинон наќши муњим дорад. Соли сипаригашта кишоварзони вилоят љињати афзун намудани њаљми истењсоли мањсулоти раќобатпазир, ѓанї гардонидани бозорњои истеъмолї, бештар таъмин намудани ањолї бо мањсулоти ватанї, баланд

бардоштани боздењи замин ва њосилнокии зироатњо, инчунин ба роњ мондани истифодаи самараноку оќилонаи захирањои замин ва об тадбирњои муайянро ба анљом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соња ба дастовардњои назаррас ноил гардиданд. Тибќи маълумотњои оморї ба њолати 1 январи соли 2020 њаљми умумии истењсоли мањсулоти кишоварзї дар њамаи шаклњои хољагидории вилоят ба 14,5 млрд. сомонї расид, ки дар муќоиса нисбати њамин давраи соли гузашта 108,5 фоизро ташкил мекунад. Аз љумла, нисбати њамин давраи соли пешин њаљми умумии истењсоли мањсулоти

вот 1,3 млн тонна, полезињо 558,9 њазор тонна, меваљот 201,5 њазор тонна, ангур 106 њазор тонна, гўшт 155,9 њазор тонна, шир 500,9 њазор тонна, тухм зиёда аз 85,4 млн дона, пашм 5,3 њазор тонна, пилла 367,2 тонна, асал 1012,1 тонна ва моњї ба 2236,3 тонна баробар гашта, дар муќоиса нисбати соли пешин афзоиши њамаи номгўи нишондињандањои истењсолии соња аз 101,4 то 149,2 фоиз таъмин гардид. Маврид ба ќайд аст, ки сањми кишоварзони вилоят дар баландравии њаљми мањсулоти кишоварзии љумњурї хеле назаррас арзёбї гардида, 48,5 фоизи њаљми мањсулоти кишоварзї, 80 фоизи

соњаи растанипарварї 110,3 фоиз ва соњаи чорводорї 104,3 таъмин карда шуд. Ба њолати 1 январи соли љорї дар њамаи шаклњои хољагидории вилоят њаљми истењсоли ѓалладонагињо ба 870,3 њазор тонна, пахта 266,8 њазор тонна, картошка 222,9 њазор тонна, сабза-

полезї, 64 фоизи ѓалладонагињо, 60 фоизи пахта, 57 фоизи сабзавот, 65 фоизи пашм, 57 фоизи гўшт, 50 фоизи шир, 43 фоизи меваю ангурро дар сатњи љумњурї, кишоварзони вилояти Хатлон истењсол намуданд, ки ин дастовардњо шоистаи тањсин ва боиси ифтихору сарфарозии ки-

шоварзон мебошад. Дар баробари зиёд гардидани истењсоли мањсулоти кишоварзї, содироти он низ ба хориљи кишвар афзун гардида, аз њудуди вилоят 114,3 њазор тонна, аз љумла 91658,5 тонна сабзавот ба хориљи кишвар содирот карда шуд, ки 137,7 фоизи наќшаро ташкил медињад. Дар соњаи пахтакорї, љињати амалигардонии дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон вобаста ба шароити иќлим ва имкониятњои истењсолии њар як минтаќаи мамлакат љињати мунтазам зиёд намудани масоњати заминњои кишти пахта, баланд бардоштани њосилнокї ва ба ин васила зиёд кардани њаљми истењсоли он, инчунин бењтар намудани њавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истењсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонањои саноати сабук як ќатор тадбирњо амалї гардонида шуданд. Соли 2019 масоњати кишти пахта дар миќёси вилоят ба 122097 гектар расонида шуда, дар мавсим 266,8 њазор тонна пахта љамъоварї гардид, ки нисбати соли 2018-ум баробари 149,2 % ё ин ки 88 њазор тонна зиёд мебошад. Аз 19 шањру ноњияњои пахтакори вилоят, 15 шањру ноњияњо аз иљрои дурнамои солона паи њам муждаи зафар расониданд. Дурнамои пахта дар шањру ноњияњои Данѓара 115,1 %, Дўстї 105,3 %, Бохтар 102,8 %, Ќубодиён 101,5 %, Шањритус 101,3 %, Ёвон ва Њамадонї 101,2 фоизї, Левакант 100,9 %, Хуросон 100,7 %, Н.Хусрав 100,6 %, Панљ 100,5 %, Љайњун 100,5 %, Кўлоб ва Кўшониён 100,3 фоизї ва А.Љомї

(Давомаш дар сањ. 2)

Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон рамзи «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани солњои 2019-2021-ро бо маќсади муаррифии њамаљонибаи иќдоми мазкур тасдиќ намуданд. Рамзи мазкур аз љониби Иттифоќи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон тањия ва пешнињод гардидааст. Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таљассумгари Парчами давлатї мањсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва њафт ситора низ рамзњои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонњои тољикиву англисї «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї 2019-2021» навишта шудааст. Дар маркази доира љузъиёти асосии рамз - кўњњои сарбафалаккашидаи Тољикистон, офтоби оламоро, манзарањои зебои њаёти дењот, роњу наќбњо ва сайёњ

чун нишонаи рушди сайёњї, рубоб, кўза ва анору ангур њамчун рамзи кишоварзї љой дода шудааст, ки таљассумкунандаи макони мевањои шањдбор будани диёри зебоманзари Тољикистон ба њисоб мераванд. Њамзамон, мусавварањо бо наќшу нигорњои миллї оро дода шудааст, ки идомаи њунарњои мардумї мебошанд. Дар маљмўъ, рамзи мазкур чор њадафи стратегии Љумњурии Тољикистон – расидан ба истиќлолияти энергетикї, таъмини амнияти озуќаворї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарѓот, наќб, роњ ва меваљот ифода мекунад. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» васеъ истифода баранд. www.president.tj


2

ХАТЛОН

САДА РАМЗИ ИСТИЌБОЛИ ФАСЛИ НУРУ ГАРМЇ АСТ (Аввалаш дар сањ. 1) 100% иљро гардид. Дар самти сабзавоткорї љињати зиёд намудани њаљми истењсоли мањсулоти раќобатпазири тамоюли содиротидошта, танзими бозорњои истеъмолї ва таъмини ањолї бо сабзавоти худї чораљўї гардида, дар хољагињои кишоварзии шањру ноњияњои вилоят 19781 гектар кишти сабзавот гузаронида шуд, ки нисбати дурнамо 106,9 фоизро ташкил медињад. Ба њолати 1 январи соли љорї дар њамаи шаклњои хољагидории вилоят наздик ба 1,3 млн. тонна сабзавот истењсол карда шудааст, ки аз он дар хољагињои кишоварзї 725,3 њазор тонна ва дар хољагињои ањолї 533,7 њазор тоннаро ташкил дода, њиссаи хољагињои љамъиятию дењќонї нисбати њаљми умумии истењсоли сабзавот ба 57,6 фоиз баробар гашт. Маврид ба ќайд аст, ки дар њаљми умумии истењсоли сабзавоти вилоят њиссаи ноњияњои Љайњун (14,1 %), Кўшониён (8,9 %) ва Вахш (6,5 %) назаррас мебошад. Кишоварзони вилоят бо маќсади замина гузоштан барои њосили соли 2020, таъмини ањолї бо мањсулоти тару тоза, ѓанї гардонидани бозорњои истеъмолї, пешгирии болоравии нархњо ва танзими нарх дар бозорњо то ин давра дар майдони 130,1 њазор гектар кишти зироатњои кишоварзї гузарониданд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 4,2 њазор гектар

зиёд мебошад. Дар баробари амалигардонии рушди соњаи растанипарварї, дар соњаи чорводорї низ дастовардњо кам набуда, нишондињандањои истењсолии соња тамоюли афзуншавї доранд. Ба њолати 1 январи соли љорї дар њамаи шаклњои хољагидории вилоят 991,3 њазор сар чорвои калони шохдор, аз он 504 њазор сар модагов, 2,3 млн сар моли майдаи шохдор, 58,6 њазор сар асп, зиёда аз 2 млн сар паранда ва 61,2 њазор оилањои занбўри асал парвариш меёбанд. Фаъолияти чорводорони вилоят дар самти афзун намудани њаљми истењсоли мањсулоти раќобатпазиру воридотивазкунанда, инчунин бештар таъмин намудани ањолї бо мањсулоти ватанї назаррас буда, соли 2019 бо истифода аз технологияи пешќадам корхонањои парандапарварї дар ноњияњои Ёвон, Данѓара, Панљ, Левакант, Хуросон, Кўлоб, Муъминобод, Шањритуз ва Дўстї зиёда аз 4 њазор тонна гўшти мурѓ ва 8,2 млн. дона тухм истењсол намуда, ба бозорњои истеъмолии кишвар ба фурўш бароварданд. Бо маќсади афзун гардонидани саршумори чорвои зотї дар ноњияњои Ёвон, Хуросон, Бохтар ва Данѓара парвариши чорвои калони шохдори хушзоти зотњои сименталї ва сиёњало ба роњ монда шудааст, ки мањсулнокии онњо

нисбати зотњои мањаллї ба маротиб баланд буда, ба њисоби миёнаи солонаи ширљўшї аз њар сар 4500-5000 килограммиро ташкил мекунад. Дар афзун намудани њаљми истењсоли шир сањми чорводорон, махсусан говдўшзанони хатлонї, ки бо мењнатќаринї ва мушкилнописандии худ машњур гаштаанд, ќобили ќайди махсус аст. Ба њамаи онњо ањсану офарин мехонем! Дар соњаи бењдошти замин ва обёрї низ муваффаќиятњо назаррасанд. Бо вуљуди мушкилоти зиёд, кормандони соња тавонистанд дар мавсими обдињии соли сипаришуда хољагидоронро бо оби полезї таъмин намоянд. Айни њол кишоварзони вилоят тамоми имкониятњои худро бояд љињати сари ваќт ба анљом расонидани шудгор, киштукори бањорї, бунёди боѓу токзорњо, яхобмонї, обшўйкунии шўрзаминњо ва обмонии захиравї сафарбар намуда, љињати вусъат бахшидани љараёни омодагињо ба мавсими соли љорї дар самти омодасозии техника ва таљњизоти кишткунанда, захира намудани тухмињои баландњосили репродуксионї, таъмини нишондињандањои дурнамои кишти зироатњои кишоварзї, махсусан риоя намудани таркиби он тадбирњои зарурї андешанд. Дар Паёми навбатї ба Маљлиси Олии кишвар Асосгу-

зори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар назди кишоварзон вазифањои муњимро ба миён гузошта, аз љумла ќайд намуданд: «...љињати зиёд кардани майдони кишти зироатњо, ташкили гармхонаву сардхонањо ва бењтар намудани таъминоти бозори истеъмолї бо мањсулоти хушсифати ватании аз лињози экологї тоза, коркарди мањсулоти соња ва афзоиш додани њаљми содирот чорањои ќатъї андешанд». Умедворам, ки мардуми бо-ору номус ва сарбаланди вилоят, аз љумла, кишоварзони олињиммату матинирода дар баробари риояи суннатњои љашни бостонии Сада, ба яке аз љанбањои бисёр муњими он, яъне омодагї ба корњои сањрої, об додану нигоњубин кардани заминњои кишт, нињолшинонї, бунёди боѓњои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кўчаву хиёбонњо эътибори љиддї медињанд. Яке аз суннатњои ин љашни куњан, интихоб ва кишти тухмињои хушсифату баландњосил мебошад, ки ба ин масъала низ таваљљуњи махсус мебояд. Ањамияти ин масъаларо кишоварзони асилу соњибтаљрибаи мо хуб медонанд. Оину таомули Сада одамонро ба амалњои хубу писандида, аз ќабили ба њам сухани нек гуфтан, њамдигарро эњтиром намудан, дар осоишу оромї умр ба сар бурдан, дар њама њолат шарики њамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дўст доштан, табиатро њифз кардан ва дигар кирдорњои нек даъват мекунад, ки иљрои ин амалњои вољиб вазифаи њар яки мост. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»

МУБОРАК БОШАД!

БЕЊТАРИНЊО ЌАДРДОНЇ ШУДАНД Дар чорабинии таљлили Љашни Сада бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Њакимзода Курбон, як ќатор собиќадорони соња, олимон ва кормандони соњањои хољагии халќ ва васоити ахбори омма бо мукофот ва Сипосномаи раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. Бењтаринњои соњаи комплекси агросаноатї 1. Ѓаллакори бењтарин - Њимматов Назир, роњбари ќитъаи навъсанљии ноњияи Темурмалик. 2. Шоликори бењтарин - Мањмадиев Искандар, аз хољагии дењќонии “Самар”-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї.

3. Пахтакори бењтарин - Исмоилов Мисоќ, роњбари хољагии дењќонии “Убайдулло 2011” -и ноњияи Абдурањмони Љомї. 4. Пахтакори бењтарин - Воњидов Анвар, роњбари хољагии дењќонии “Маданият”-и ноњияи Кўшониён. 5. Тухмипарвари бењтарин-Худоёров Амир, роњбари бригада аз хољагии тухмипарварии “Кўлоб”-и ноњияи Вахш. 6. Сабзавоткори бењтарин - Сатторова Давлатхоним, роњбари хољагии дењќонии “Њољї Убайд”-и ноњияи Љайњун. 7. Сабзавоткори бењтарин - Раљабалиев Холиёр, роњбари хољагии дењќонии “Рањимљон”-и ноњияи Шањритуз. 8. Бењтарин гармхона - Зиёев Холмурод, роњбари хољагии “Ѓайрат”-и шањри Бохтар. 9. Бењтарин гармхона - Насконов Нуралї, роњбари хољагии дењќонии “Ватан” ноњияи Кўшониён. 10. Картошкапарвари бењтарин - Бабаев Фурќат, роњбари хољагии дењќонии “Бабаев”-и ноњияи Панљ. 11. Полезикори бењтарин - Эсанќулов Абдуѓаффор, роњбари хољагии дењќонии “Т. Исанќулов”-и ноњияи Љ. Балхї. 12. Полезикори бењтарин - Холназаров Илњом, роњбари хољагии дењќонии “Сафо” ноњияи Носири Хусрав. 13. Боѓпарвари бењтарин - Шомуродов Хўљамурод, аз хољагии дењќонии “Абдукарим” –и шањри Левакант. 14. Боѓпарвари бењтарин - Мўминов Ќиёмиддин, боѓпарвар аз шањри Левакант, роњбари хољагии нињолпарварии “Пайванд”. 15. Ангурпарвари бењтарин - Ѓаниев Тилло, роњбари хољагии дењќонии “Файзи Саид”-и ноњияи Восеъ. 16. Лимўпарвари бењтарин - Тоиров

Абдурањим, роњбари хољагии дењќонии “Ансорї”-и ноњияи Љайњун. 17. Маркази хизматрасонии техникии бењтарин - Акрамов Мањмадсалим, роњбари маркази хизматрасонии техникї дар ноњияи Абдурањмони Љомї. 18. Механизатори бењтарин - Шарифов Тоњир, аз маќомоти худфаъолияти љамъиятї, аз ноњияи Шамсиддин Шоњин. 19. Комбайнчии бењтарин - Каримов Давлаталї, аз шањри Кўлоб. 20. Гулпарвари бењтарин - Рањмонов Бегиљон, аз Муассисаи манзилии коммуналии шањри Норак. 21. Кооперативи тиљоратии бењтарин -

Амонулло Њабибулоев, роњбари кооперативи тиљоратии “Сомонљон”, ноњияи Данѓара роњбараш Њабибов Амонулло. 22. Кооперативи тиљоратии бењтарин Усмонова Валоят, роњбари кооперативи тиљоратии “Рањмонљон”-и ноњияи Данѓара. 23. Бењтарин хољагии тухмипарвари - Холов Бекмурод, роњбари хољагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ноњияи Дўстї. 24. Љангалпарвари бењтарин - Давлатов Ѓаффор-љангалпарвари Муассисаи давлатии хољагии љангали ба номи Сайдањмад Каримови ноњияи Ховалинг. 25. Хољагии зотпарварии бењтарин - Одилзода Турдиљон, роњбари хољагии зотпарварии “Њисор”-и ноњияи Фархор. 26. Бењтарин фабрикаи парандапарварї (мурѓи гўштї) - Њакимов Ислом-роњбари ЉДММ “Бењамто”-и ноњияи Ёвон. 27. Бењтарин фабрикаи парандапарварї - Љўрабеков Фахриддин, роњбари ЉДММ “Мурѓи Хуросон”-и ноњияи Хуросон. 28. Бењтарин фермаи гўштї - Ќарабоев Комил Пармонович соњибкори инфиродї аз ноњияи Ќубодиён. 29. Бењтарин фермаи ширию молї - Холов Иноят, роњбари хољагии зотпарварии “Саодат”-и ноњияи Хуросон. 30. Бењтарин фермаи чорвои майда - Холзода Файзулло, роњбари хољагии дењќонии “Ѓринг”-и ноњияи Муъминобод. 31. Говљўши пешќадам - Рањмонќулова Назокат, аз ЉДММ “Мадина-1”-и ноњияи Ёвон. 32. Чорводори бењтарин - Ќувватов Амиршо, роњбари хољагии зотпарварии “Оличабулоќ”-и ноњияи Темурмалик. 33. Сарчўпони бењтарин - Мирзохонов Иброњим, аз хољагии дењќонии “Ањлиддин”-и ноњияи Восеъ.

34. Асппарвари бењтарин - Шоев Нурмањмад, асппарвар аз ноњияи Балљувон. 35. Занбўрпарвари бењтарин - Юлдошев Ањмад, аз хољагии дењќонии “Ситора”-и ноњияи Шањритуз. 36. Моњипарвари бењтарин - Абдурањмонов Бобохон, роњбари хољагии дењќонї аз шањри Кўлоб. 37. Пиллапарвари бењтарин - Боќиев Њайдар, пиллакор аз ноњияи Ќубодиён. Бењтарин мутахассисони соњаи комплекси агросаноатї 38. Мутахассиси бењтарини соњаи кишоварзї - Халилов Ќутбуддин, сардори шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон. 39. Мутахассиси бењтарини соњаи заминсозї - Холзода Мањмадшариф раиси кумитаи идораи замини ноњияи Љалолиддини Балхї. 40. Мутахассиси бењтарин дар соњаи муњофизати растанињо - Назиров Абдулмуъмин, сармутахассиси филиали муассисаи давлатии муњофизати растанињо ва химикунонии вилоят. 41. Мутахассиси бењтарин оид ба муборизаи зидди малах - Зиёвуддинов Холмуъмин, сарагрономи филиали муассисаи давлатии “Экспедитсияи муборизаи зидди малах” дар вилояти Хатлон. 42. Мутахассиси бењтарин оид ба бехатарии озуќаворї - Ѓиёсов Низомиддин Мањмадсаидович, сардори маркази таъминоти бехатарии озуќаворї дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї. 43. Мутахассиси бењтарин оид ба соњаи экология - Тоиров Хуршед, мудири бахши њифзи муњити зисти ноњияи Данѓара. 44. Мутахассиси бењтарин оид ба соњаи мелиоратсия - Холмирзоев Шомурод, сармуњандиси Идораи давлатии бењдошти замин ва обёрии зерњавзаи дарёи Кофарнињони Поён дар ноњияи Шањритуз. 45. Бењтарин корманди иттифоќњои касаба - Носирзода Абдукарим, раиси кумитаи иттифоќњои касабаи кормандони комплекси агросаноатии ноњияи Шањритуз. Олимону мутахассисоне, ки дар рушди соњаи кишоварзии вилоят, алалхусус, бунёду барќароркунии боѓу токзорњои вилоят сањми босазо гузоштаанд бо Сипосномаи раиси вилоят ва мукофот ќадрдонї карда шуданд. 46. Гулов Сайдалї Маъмурович, директори Маркази такмили ихтисоси комплекси агросаноатии Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур. 47. Назарзода Асомуддин, сардори КВД “Нињолпарварї”-и Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон. Бењтарин кормандони васоити ахбори омма 48. Искандари Саид - наворбардори ТВ “Тољикистон”. 49. Исоев Низомиддин - муњаррири калони филиали ТВ “Сафина” дар вилояти Хатлон. 50. Исмоилов Сайфиддин - наворбардори ТВ “Сафина” дар минтаќаи Кўлоб. 51. Самандари Искандар - хабарнигори ТВ “Тољикистон”. 52. Њасанова Оймоњ - сармуњаррири ТВ “Хатлон”. 53. Шарипов Далер - наворбардори ТВ “Хатлон”. 54. Рањматов Кароматулло - мутахассиси пешбари шуъбаи иќтисодии рўзномаи “Љумњурият”. 55. Гаибова Зулайхо - сармуњаррири нашрияи “Новый Хатлон”. 56. Пањлавонова Њангома - рўзноманигори нашрияи “Хатлон”. 57. Мўсоев Абдурашид - хабарнигори нашрияи “Дўстлик”. 58. Шарипов Далер - рўзноманигори Муассисаи давлатии “Бањори Аљам”.

СЕШАНБЕ, 28 январи соли 2020, №8 (3244)

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

ПАЁМ ЊИДОЯТГАРИ МОСТ Яке аз нуќтањои муњиме, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ин омодагї ва таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад. Сокинони мамлакатро зарур аст, ки то љашни фархунда ба масъалаи таљдиду азнавзозї, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани мањали зист, кўчаву хиёбон ва њамаи мањаллањои ањолинишин кўшиш намоянд. Дар Паём, њамчунин, ќайд гардид, ки то имрўз барои пешрафти соњаи илму маориф, тандурустї, њифзи иљтимоии ањолї, фарњанг, татбиќи сиёсати љавонон, варзиш ва сайёњї корњои зиёде ба анљом расидааст. Имрўз дар кишвар зиёда аз 10 њазор иншооти варзишї фаъолият дошта, дар самти солимгардонии љомеа сањми босазо гузошта истодаанд. Дар Паём доир ба масъалаи љавонон низ диќќати махсус дода, аз љумла ќайд гардидаст, ки љавонон давомдињандагони кору фаъолият ва ояндаи давлату миллатанд. Барои донишманд ва саводнок гардонидани љавонон дар кишвар аз роњу усулњои кишварњои пешрафта истифода намуда, љавонони боистеъдод метавонанд тибќи Квотаи президентї дар

муассисањои тањсилоти олии кишвар ва хориљ аз он тањсил намоянд. Имрўз мо дар тамоми соњањои хољагии халќ фаъолияти љавонони саодатмандро мебинем, ки бо шукргузорї аз фазои тинљу амни кишвар кору фаъолият дошта, сањми худро дар пешрафти ватани азизамон мегузоранд. Дар рўњияи садоќат ба давлату миллат, тањаммулгарої, ватандўстиву хештаншиносї ва пос доштани арзишњои миллї тарбия намудани љавонон вазифаи муњимтарини њама сохтору маќомот ва ањли љомеа мебошад Мо - љавонон љавобан ба ин ѓамхорињои Сарвари давлат ќавл медињем, ки бо бањои хубу аъло ва рафтори намунавї тањсил намуда, дар оянда њамчун як афсари шуљоъ ба Ватани худ хизмат намоем. Ю. БАЊОДУРЗОДА, сардори шуъбаи таълимии МДТ коллељи милитсия, майори милитсия, Муњаммад КАРИМОВ, Љамшеди ЉАЊОНГИРЗОД, курсантони коллељи милитсияи ВКД

РЎЗГОРИ СОКИНОН РАНГИНТАР МЕШАВАД Дар Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тамоми пањлуњои рушди минбаъдаи кишвари мо ва вазифагузорињо дар мавриди расидан ба зиндагии арзандаи сокинон ба таври мушаххас тањлилу баррасї гардиданд. Воќеан, Паёми имсолаи Пешвои миллат аз паёмњои солњои пештара ба куллї фарќ дошт. Дар он ба масъалаи инкишофи њама сохторњои давлатию љамъиятї, мусоидат ба таќвияти неруи инсонї, ки асоси давлатдории минбаъдаи моро муайян менамояд, таваљљуњ дода шудааст. Роњбари давлат ба маврид ќайд карданд: «Роњбарони њамаи сохтору маќомоти марказию мањаллї, корхонаву муассисањо, љомеаи шањрвандї, ташкилоту муассисањои давлатию ѓайридавлатї, соњибкорону

тољирон ва умуман, њар як фарди ватандўсту бонангу номусро зарур аст, ки барои ташкил кардани љойњои корї дар кишвар талош намоянд». Дигар нуќтаи муњими Паёми навбатии Пешвои миллат афзалият додан ба бењбудї ёфтани шароити иќтисодию иљтимоии ањолї, дар зимн дастгирии оилањои камбизоату эњтиёљманд, зиёд намудани андозаи њадди аќал ва њадди нињоии нафаќа, музди мењнати кормандони сохторњои давлатї, стипендияи донишљўён ба ќадри 15 фисад ва сохторњои низомї ба ќадри 10 фисад мањсуб меёбад. Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири тамоми масъалањои љомеа буда, њар фарди ватандўсту баномус метавонад аз он вазифањои худро дар мавриди рушди минбаъдаи соњањои мухталифи хољагии халќи мамлакат дарёфт ва

онро амалї созад. Пешвои миллат дар Паём дар мавриди таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар назди тамоми сокинони мамлакат тавсияњои муфид дода, махсус ќайд карданд, ки ба таъмиру азнавсозї ва ободу зебо гардонидани хонаю дар, кўчаю мањаллањо тайи ду соли минбаъда эътибори зарурї дода шуда, њар як шањрванд дар масири вусъати корњои созандагию ободонї бояд худро бетараф надонад. Мо-сокинон дар навбати худ муваззафем, ки љињати татбиќи дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз тамоми захираю имконитяњо самаранок истифода намоем. Шукрона ЌУРБОНОВА, омўзор аз шањри Левакант

БАРРАСИИ МАСЪАЛАЊОИ РУШДИ МАОРИФ Мавриди зикр аст, ки дар солњои аввали соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон дар баробари норасоии кадрњои соњаи омўзгорї дар шањру дењоти мамлакат бо сабаби нарасидани муассисањои тањсилоти миёнаи умумї хонандагон дар хонањои истиќоматї ва вагонњо тањсил намуда, бо азобу машаќќати зиёд соњиби маълумоти миёнаи умумї мегардиданд. Аз Паёми навбатї маълум гардид, ки њамасола муассисањои зиёди тањсилоти миёнаи умумї ба истифода дода мешаванд. Дар соли 2020-ум низ сохтмони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї пешбинї гардидааст. Дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабњо барои солњои 20082015» мушкилоти муассисањои таълимие, ки дар хонањои шахсї ва вагонњо фаоълият менамуданд, пурра бартараф карда шуд. Муваффаќиятњои дар самти сохтмону муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва муассисањои тањсилоти олии касбие, ки дар даврони соњибистиќлолии кишвар бо кумаку дастгирињои Пешвои миллат ба даст овардаем, дар замони Иттињоди Шўравї ба даст овардан аз имкон берун буд. Бо вуљуди дастгириву ѓамхорињои давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон, бахусус, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, њанўз њам сатњу сифати таълиму тарбия ба талабот љавогў нест. Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз доштанд, ки роњбарону кормандони соњаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгирињои давлат ва афроди ватандўст сатњу сифати таълимро дар муассисаи таълимї, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар њамаи зинањои тањсилот баланд бардоранд. Назорати азхудкунии донишњои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону љавононро ба мутолиаи китобњои бадеиву илмї ташвиќ намоянд, ќобилияти эљодии онњоро таќвият бахшида, ба таълими фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї таваљљуњи бештар зоњир намоянд. Бо маќсади шиносоии хонандагон ба техникаву технология аз љониби Пешвои мил-

лат муњтарам Эмомалї Рањмон солњои 20202040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф» эълон карда шуд. Ин моро водор месозад, ки ба омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї аз њарваќта бештар таваљљуњ зоњир намуда, хонандагонро дар рўњияи ихтирооту ихтирокорї ба камол расонем. Бо маќсади боз њам баланд бардоштани сатњу сифати таълиму тарбия ва дар рўњияи худшиносї, ифтихори миллї ва арзишњои миллї ба камол расонидани наврасону љавонон моро лозим меояд, ки онњоро бо мутолиаи китоб љалб намоем. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид намудаанд, ки њар сол озмуни «Фрурўѓи субњи доної»-ро баргузор намуда, ба он доираи њарчи бештари љомеа љалб ва љињати њавасмандсозии ѓолибон аз мактаб сар карда, то маќомоти мањалливу марказии њокимияти давлатї чораљўї карда шавад. Кумаку ѓамхорињое ки Асосгузори сулњу вањдатї миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати соњаи маориф доранд, моро водор месозад, ки бањри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисиони раќобатпазири бозори љањонии мењнат тамоми чорањоро андешем. Њайати устодону профессорони Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро сармашќи кори худ намуда, бањри бењдошти сатњу сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрњои баландпояи илмию омўзгорї сањми муносиби худро хоњанд гузошт. Парвиз ЛОИЌОВ, Зулфия ЉИЁНЗОДА, устодони Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллои Рўдакї


ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛЇ Конференсияи муштараки Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияњои Мир Сайид Алии Њамадонї ва Восеъ баргузор гардид, ки дар кори он раиси КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Рањмонзода иштирок дошт. Мавзўи асосии конференсия пешбарии номзад ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз њавзаи интихоботи якмандатии Њамадонї №35-ро дар бар мегирифт. Бино ба иттилои маркази матбуотии раиси ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї дар конференсияи муштарак ба номзадии вакили кунунии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Њаёт Одинаев барои даъвати нав пешнињод карда шуд. Узви Раёсати КИМ ЊХДТ Фаттоњзода Саймурод Самад баромад намуда, доир ба тарљумаи њол ва фаъолияти самарабахшу њаёти љамъиятии Одинаев Њаёт Абдулњаќович њамчун номзад ба вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии кишвар муфассал маълумот дод. Аз љумла, иброз дошт, ки тўли панљ соли даъвати гузашта Одинаев Њаёт Абдулњаќович худро вакили воќеии мардумї нишон дода, дар њамаи вохўрињо бо интихобкунандагон аз мушкилоти мардум огањї ёфта, дар њалли онњо бевосита сањм мегирифт. Аз рўи њамин масъала Сайидамир Вализода, узви ЊХДТ, Адолатов Хуршед, љонишини директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №17-и ноњияи Восеъ, Таѓоева Дилшода, директори МТМУ № 49-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї, баромад карда, дар бораи фаъолияти номзад ба вакилии Њаёт Одинаев ибрози андеша намуданд. Дар давоми фаъолияти вакилї Њаёт Одинаев 6 маротиба барои хонандагони мактабњои њудуди њавзаи интихоботии Њамадонї №35, тарбиятгирандагони муассисањои томактабї дар њаљми зиёда 150 њазор сомонї кумак кардааст. Њудуди 13 њазору 200 сомонї ба маъюбони Ташкилоти љамъиятии маъюбони "Равонбахш"-и Љамоати дењоти “Даш-

ИНТИХОБОТ

2020

тигуло”, зиёда аз 5 тонна семент барои бунёди бино дар Беморхонаи марказии ноњия ва бинои маъмурии КИ ЊХДТ сањм гузоштааст. Дар асоси мурољиати расмї ва дархости вакилї дар њамин дења барои 640 нафар мактаби замонавї бо толори варзишї сохта истодаанд, зеро дар мактаби дењаи номбурда 1800 нафар хонандагон дар се баст таълим мегирифтанд. Њамчунин, дар дењаи Тосќалъа бо маблаѓи 330 њазор сомонї сохтмони нотамоми бинои мактаб ба анљом расонда шудааст. Њамин тавр, бо овоздињии пинњонї Одинаев Њаёт Абдулњаќович њамчун номзад ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз њавзаи якмандатии Њамадонї №35 якдилона пешнињод гардид. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

дар рўзи ќабули раиси ноњия масъалањои хусусигардонии амвол ва њуљљатгузории иншооти навбунёд, кумакњои гуногуни иљтимої ва дигар мушкилињои иљтимоиро матрањ намудаанд. Тибќи муќаррарот, њафтае ду маротиба раиси ноњия мурољиати сокинонро гўш мекунад, шанбеи њафтаи сипаришуда 51 нафар сокинони ноњияи Вахш дар рўзи ќабули раис њузур доштанд, ки аксарияти онњоро бонувон ташкил медињанд. Тавре зимни мулоќот бо сокинон иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Вахш Ќурбоналї Юсупов изњор дошт, њалли аксари-

яти мушкилоти шањрвандон дар сатњи љамоати шањраку дењот ва ноњия имконпазир аст. Бинобар ин, агар роњбарони маќомоти мазкур дар самти ќабули мурољиати шањрвандон масъулиятшинос бошанд, барои ба маќомоти болої мурољиат намудани мардум зарурат намемонад. Вобаста ба зиёд шудани мурољиати сокинон ба ќитъањои наздињавлигї ноњия ба маќомоти болої мурољиат намуда, умед дорем, ки дар оянда ин мушкилї њалли худро меёбад.

Хатлон бобати афзалият ба соњаи пахтакорї иртибот дорад. Дар баробари ин иќлими минтаќа бештар барои рушди соњаи пахтакорї ва парвариши сабзавоту ѓалладонагї мутобиќ аст. - Дар ноњия 1614 гектар боѓњои мевадињанда аз ќабили зардолу, бодому олу, чањормаѓзу дигар дарахтони мевадињанда парвариш меёбанд. Аммо ба гуфтаи З. Мусурмонов аз сабаби кам будани намнокии заминњои њудуди ноњия, имкон нест, ки масоњати боѓњои мевадињанда минбаъд зиёд карда мешавад. Тибќи маълумоти манбаъ дар ноњия 2535 хољагии дењќонї ва ду хољагии тухмипарварию чорвопарварї арзи вуљуд доранд, ки масоњати кишти зироатњои кишоварзии онњо ба 12 њазору 160 гектар мерасад. Дењќонони ноњия азм доранд, соли равон дар 2167 гектар ѓалладонагї, 900 гектар сабзавот, 485 гектар полезї ва 7574 гектар кишти пахта ва дигар зироатњои кишоварзиро ба роњ монанд. Љ. САЙФИДДИН

ЊАШАРИ НИЊОЛШИНОНЇ Ба истиболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ихтиёриён, варзишгарон дар ќалъаи “Мир”-и ноњияи Балљувон, љињати сабзу зебо гардонидани атрофи он фаъолона иштирок намуданд. Сокинони ноњияи Балљувон низ бањри иљрои «Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї барои солњои 2016-2020» ва вусъ-

ат бахшидани нињолшинонї корњои агротехникиро бомаром идома медињанд. Дар ин бора, Бобохон Шарипов, мутахассисии Бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњия хабар дода, аз љумла, ќайд намуд, ки сокинон љињати татбиќи дастуру њидоятњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба масъалаи боѓпарварї диќќати махсус зоњир намуда, бањри бун-

Сокини Љамоати шањраки «Њулбук»-и ноњияи Восеъ Ятимов Нурмуњаммад Мирзоалиевич дар асоси моддаи 247 ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста, ба муњлати 2 сол аз озодї мањрум гардид. Тибќи њукми суд мавсуф адои љазоро дар колонияи ислоњии дорои низоми умумї сипарї менамояд. Њамчунин, аз њисоби мањкумшуда Ятимов Н. ба фоидаи љабрдида Каримов Ф. ба маблаѓи зарар 15 њазору 400 сомонї ситонида мешавад. Бинобар иттилои Холиќмуродзода Далер, раисикунандаи мурофиаи суди мазкур, мањкумшуда Ятимов Н. М. бо сўистифода аз боварии шањрванд Каримов Фаридун, ки ба фурўши љавоњирот машѓул аст, дар ду њолат як миќдор љавоњирот, аз ќабили 2 гарданбанди тиллоии тамѓаи 375, як гарданбанди тиллоии тамѓаи 583 ва як дастпонаи тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки онњоро дар муњлати муайян фурўхта маблаѓашро бармегардонад.

Кибрияхон: «ЗАМИН МУТТАКОИ МАНУ ДАЊ ФАРЗАНДАМ ШУД» Достони зане, ки бо пули дењќонї дањ фарзандро дар танњої ба камол расонд, дањњо зани дењотии дигарро бо кор таъмин кард ва ба орзуњои худ љомаи амал пўшонид

Замоне, ки њамсари бовафояш бояд дар бараш рост мебуд, ќисмат ўро сияњбахт намуд. Аммо Кибрияхон, ки бо дањ фарзанд танњо монда буд, бояд барои азизонаш њам модар мешуду њам падар. Кибрияхон аз ќисмат нанолид, баръакс, ба доду нододи Худованд шукр гуфту дар андешаи бо нони њалол ба камол расонидани фарзандон шуд. Зеро дањ фарзандро хўрондану пўшондан ва дар шароити дењот ба воя расондани онњо барои як љавонзани шањрї чандон осон набуд. Кибрияхон азбаски дар шањр ба камол расида буд, кори дењќониро дуруст сарфањм намерафт. Аммо дар рустое, ки ў зиндагї мекард, ба љуз замин дигар чизе мушкилкушои рўзгори ў шуда наметавонист. Кибрияхон ишќу муњаббати худро ба замин бахшид. Замин барои ў ва фарзандонаш њамдарду такягоњ гардид. «Њар субњ баъди намози бомдод то як маротиба рафта атрофи замин ва зери дарахтони парваришкардаам гардиш накунам, худро сабук њис намекунам. Зан аввалин шуда субњ ваќте чашм мекушояд, чењраи њамсарашро мебинад. Аммо ман баъд аз даргузашти нобањангоми шавњарам заминро муттакои хеш донистам», - мегўяд Кибрияхон Сафарова. Кибрияхон аз соли 2007 инљониб ба кишоварзї машѓул аст. Аввал мањораташро дар замини наздињавлигї санљид, сипас корро дар њафт гектар замин оѓоз намуда, дар фурсати кўтоњ масоњати замини дењќониашро ба 15 гектар расонид. Дар кори замин аз рўзњои аввал дастёру кумакрасони ин зани ќавиирода нуњ писар, баъдан келину наберањояш шуданд. Гарчанде ў фарзандонро аз сабаби надоштани имкону шароит соњибилм карда натавонист, вале онњо њамагї бо тарбияи модар мењнатдўсту соњибкасб шуданд. Кўшиш кард, ки мисли худаш заминро дўст доранду соњиби нони њалол шаванд. - Аз рўзе, ки ба дењќонї машѓул шудам, гандуму шолиро ба нуњ оила аз њисоби мењнати худамон таъмин менамоям, - мегўяд Кибрияхон. - Ягон ваљаби замини 15 гектараи ман холї намемонад. Дар як гектараш зиёда аз 150 бех дарахти анор, сад дарахти бодом, сад дарахти шафтолу, дар 2 гектар шолї, дар 2,5 гектар гандум ва нуњ гектари ќисмати асосиаш њамасола пахта кишт меку-

нам. Њоло дар хољагии дењќоние, ки Кибрияхон роњбариашро ба уњда дорад, на танњо фарзандону аќрабояш, балки дањњо нафар бонувони дигари дењот бо љойи кори доимию мавсимї таъмин гардида, рўзгорашонро пеш мебаранд. Сирру асрори нигоњубини њар як дарахту њар гўшаи заминашро ба хубї медонад. Аз рўзи ба замин пошидан то ѓундоштани њосилро назорат карда, ваќту соати муайянро ба фарзандон мегўяд. «Њуљљати замин то имрўз дар дасти худам аст. Тамоми њисобу китоб ва сарфу њарљу фоидаро њисоб карда, андози заминро њам худам месупорам», иброз дошт Кибрияхон Сафарова. Ба андешаи ин зани мењнатдўст замин гарчанде забони гуфтор надорад, аммо он њам њаќќашро гирифтан мехоњад. Њаќќи замин андоз њисоб мешавад. Борњо мушоњида кардааст, ки њар ваќте андозро бе ягон мушкилї сари ваќт супорад, он сол замин њосили хуб медињад ва агар дертар супорад он мавсим њосили дилхоњ ба даст намеояд. Аз њамин хотир, тўли 12 соле, ки роњбари хољагии дењќонї мебошад, аввал андозро супурда, баъдан киштукорро оѓоз мебахшад, то ин ки њосили фаровон бардорад. Сирри дигари пешравии кори ин зан дар он аст, ки тавонистааст ањли ин оилаи бузургро бо њамдигар тифоќу соњибэњтиром гардонад. Панљ писарро соњиби хонаи алоњида ва чањори дигар бо келину наберањо дар якљоягї зиндагї мекунанд. Кибрияхон ба ин назар аст, ки ба келинњо дар кору бор набояд фишор овард ва бењудагўї кард. - Онњо љавонанд ва баъзан мешавад, ки ба табъи дилатон корро иљро намекунанд, мегўяд Кибрияхон. - Ман ваќте асабонї шавам, зуд ба замин медароям, бо замин гуфтугў карда, сабукї эњсос мекунам. Дар хонаводаи бузурги мо њама корњоро таќсим кардаем. Масалан, агар имрўз келини калонї ба замин барои кумак равад, дигарї хўроку сеюмї нон мепазад ва фардо бошад, баръакс. Нафари дар хонабуда ба кори замин машѓул мешаваду дигарї ба кору бори хона андармон мешавад. Бо ин роњ ман фикр мекунам, ки њам кор пеш меравад, њам нофањмї ба миён намеояд ва њам келинњо хаста намешаванд. Шояд натиљаи њамин аст, ки то имрўз байни келинњо бањсро намебинам. Дар мавриди

Њ. АБДУРАЊИМЗОДА, «Хатлон»

ЌУБОДИЁН БА ПАРВАРИШИ САБЗАВОТУ ЃАЛЛАДОНАГЇ МУСОИД АСТ

Соли 2020 масоњати кишти пунбадона дар ноњияи Ќубодиён ба 7574 гектар расонида мешавад. Тибќи иттилои Раёсати кишоварзии ноњия соли гузашта аз майдони 7500 гектар 17 њазору 386 тонна пахта љамъоварї гардида, наќшаи дурнамо барзиёд иљро шуд. Ба гуфтаи Зулфиќор Мусурмонов, сардори Раёсати кишоварзии ноњияи Ќубодиён, зиёд намудани масоњати кишти пунбадона, ба дурнамои вилояти

ЗАН ВА ЗАМИН Кибрияхон Сафарова, сокини 66-солаи дењаи Шањдрези Љамоати дењоти «Љиликўл»-и ноњияи Дўстї, модари дањ фарзанд мебошад. Ин модари муштипар нуњ писар ва як духтарро бе падар дар рўњияи мењнатдўстию ватанпарастї ба воя расонидааст.

ВАХШ. ЊАЛЛИ МУШКИЛОТИ СОКИНОН ИМКОНПАЗИР АСТ Дар доираи иљроиши Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї” давоми соли гузашта зиёда аз 1743 нафар сокинони ноњияи Вахш барои њалли масоили гуногуни иљтимої ба раиси ноњия мурољиат кардаанд. Бинобар маълумоти шуъбаи умумии назорат ва мурољиати шањрвандони дастгоњи раиси ноњияи Вахш ќариб 60 дарсади мурољиаткунандагон сокиноне мебошанд, ки ба замини наздињавлигї эњтиёљ доранд. Дар баробари норасоии ќитъањои замини наздињавлигї мардум

3

ХАТЛОН

СЕШАНБЕ, 28 январи соли 2020, №8 (3244)

ёди боѓњои ба талаботи имрўза љавобгў аз шароиту имкониятњои зарурї истифода мебаранд. Дар шароити Тољикистон, асосан, се давраи нињолшинонї: тирамоњ, зимистон ва аввали бањор мављуд аст. Дар давраи зимистон нињол бештар дар он ноњияњое, ки њарорати муътадил доранд, шинонида мешавад. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

Аммо Ятимов Н. љавоњиротро ба гаравхонаи «Беназир-2008»-и шањри Кўлоб ба маблаѓи умумии 8500 сомонї ба гарав гузошта, онро ба манфиати шахсии худ истифода бурдааст. Баъд аз чанд рўзи дигар Ятимов Н. назди роњбари гаравхонаи мазкур Насриддинов Б. рафта, изњор менамояд, ки маблаѓи гирифташударо баргардонида наметавонад, аз ин рў, онњо як ќисми маснуоти заргариро гирифта, боќимондаи арзиши онро ба ў пардохт намоянд. Њамин тавр, Насриддинов Б. арзиши њамаи љавоњироти ба гаравгузоштаро 9920 сомонї муайян карда, ба Ятимов Н. иловатан 1420 сомонї пардохт мекунад ва онњо шартномаи гаравро ќатъ менамоянд. Бо ин кирдорњояш Ятимов Н. ба соњиби аслии маснуоти заргарї 15 њазору 400 сомонї зарар расонидааст. Њасан АБДУРАЊИМЗОДА , «Хатлон»

саломатии онњо ва таъмини сару либосашон онњо озоданд. То имрўз ман нуњ келинро ба љуз аёдати волидонашон ба ягон маќсад ба хонаи волидайнашон намефиристам. Кўшиш мекунам, агар саломатиашон хуб набошад, дар хонаи худ табобат гиранд, зеро солимии онњо сарчашмаи ободи хонадон ва оромии фарзандони ман аст. Шояд њамин муносибатам аст, ки келинњо, гарчанде хонаи алоњида доранд, њар рўз ба њавлии ман ба дидорбинї меоянд. Назди њавлии Кибрияхон оњанпорањои зиёд ва як трактори куњна меистад. Маълум шуд, ки фарзандонаш устои моњиранд ва бо пайваст кардани ин ќисмњои эњтиётї тракторро ба кор андохта, ба модар кумак мерасонанд. Кибрияхон мегўяд, ки њар чизе ки бо зањмати ўву фарзандонаш ба даст меояд, кўшиш мекунад онро баробар, яъне ба нуњ ќисм таќсим намояд. Аз њезуми дарахтону ѓўзапоя сар карда, то алафи чорво, аз меваю бодом, то шолию гандумро барои таъмини рўзгорашон миёни фарзандон баробар таќсим мекунад, то ин ки байни бародарон ягон нофањмї сар назанад. - Муњимтар аз њама, сад шукр, ки ин дањ фарзанд бо њамсаронашон эњтироми маро ба љо меоранд, - хулоса мекунад Кибрияхон Сафарова. - Барои ман, зиёрати хонаи Худо орзуи дерина буд, ки ба он мушарраф гардидам. Дигар њар талоше мекунам, барои ободии ватан ва бењбудии зиндагии фарзандонам равона хоњад шуд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

МАВЗЎИ МУЊИМИ РЎЗ Коррупсия зуњуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коњиш медињад, барои рушди иќтисодиёти пинњонї ва истифодаи ѓайримаќсадноки маблаѓњои давлативу љамъиятї шароити фароњам меорад ва дар маљмўъ, боиси поймолшавии њуќуќи инсон ва заиф шудани пояњои ахлоќии љомеа мегардад. Эмомалї РАЊМОН Коррупсия њамчун зуњуроти номатлуби љамъиятї, омўзиши љиддї ва мунтазам, муносибати махсус, муќобилияти комплексї ва оперативиро талаб менамояд. Ин зуњуроти номатлубро мо дар самтњои гуногуни фаъолияти инсон: илм, фарњанг, бонкдорї, хариду фурўши коѓазњои ќиматнок, молия, хољагидорї ва њатто варзиш мушоњида мекунем. Њанўз якчанд аср ќабл мутафаккири бузург Ш. Л. Монтеские гуфта буд: «Дар натиљаи амалњои коррупсионї тартиботи хуби љамъиятї аз байн рафта, дастгоњи давлатї фалаљ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад». Бинобар ин, барои решакан намудани коррупсия тамоми кўшишро ба харљ бояд дињем. Имрўз ин мушкилот дар кишвари мо низ мушоњида мегардад. Љумњурии Тољикистон доир ба ин масъала бетараф набуда, њанўз аз давраи аввали пайдоиши он 25 июли соли 2005 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро ќабул намуд. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 10уми январи соли 2007 тањти №143 “Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон” таъсис ёфт. Нињоди мазкур маќомоти ваколатдори назоратї, давлатї, молиявї ва њифзи њуќуќ буда, оид ба истифодаи самарабахши маблаѓњои давлатї ва молу мулки давлатї, барои таъмини амнияти иќтисоди давлат бо роњњои

КОРРУПСИЯ - ЗУЊУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР огоњсозї, пешгирї, ошкорсозї, рафъи њуќуќвайронкунињои коррупсионї, фошнамої, тањќиќї ва тафтиши пешакии љиноятњои коррупсионї, иќтисодии хусусияти коррупсионидошта ва љиноятњои ба андоз алоќаманд, инчунин, дигар вазифањоеро, ки ќонуну дигар санадњои меъёрїњуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд, иљро менамоянд. Њамчунин, аз тарафи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон

Милали Муттањид Конвенсияи зидди коррупсияро ќабул намуд ва Љумњурии Тољикистон яке аз аввалинњо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба ин санади байналмилалї њамроњ гардид. Ин санадњои дохиливу байналмилалї тавонистаанд садди роњи ин зуњуроти хатарборро ба андозае гиранд. Амалњои коррупсионї, асосан, бештар дар байни кормандони давлатї ва шахсони мансабдор ба вуќўъ мепайвандад. Онњо аз

дар Љумњурии Тољикистон Шўрои миллии муќовимат бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон таъсис шуда, зери таваљљуњи махсуси Сарвари давлат ќарор дорад. Шўрои миллии муќовимат бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунњои конститутсионї, фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрї-њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд. Соли 2003 Созмони

ваколатњои хизматї истифода бурда, амалњои ѓайриќонунї содир мекарданд. Амалњои коррупсиониро, њамчунин, амалњои «фасод», «ришва», «пораситонї», «судхўрї», «хушомад задан» низ мегўянд. Роњбарияти давлат дар роњи решакан ва пурра несту нобуд кардани фасод дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон чораљўї намуда, тамоми тадбирњоро амалї карда истодааст. Коррупсия аз рўи бахшњои

ТАВАЉЉУЊ: ОЗМУН! Дафтари БОЉ СММ дар шањри Бохтар ниёз ба хизматрасонињои боѓбонї дорад. Тавзењоти хизматњое, ки дар сањни дафтари муштараки Ољонсињои СММ дар шањри Бохтар, воќеъ дар кўчаи Борбад 16 аст, чунинанд: 1. Нигоњубини дарахтон ва гулњо (ба монанди обёрї, буридани шохњо, чидани мевањо ва ѓ); 2. Пешнињод ва татбиќ намудани парвариш ва нигоњубини растанињои ороишї (гулњо, алафњо ва ѓ.); 3. Дар њолати хуб нигоњ доштани боѓ ва ќитъаи замини мављуда тавассути нарм кардани замин, тоза намудани хасу хошок, решакан

кардани алафњои худрўй. 4. Гузаронидани чорањои профилактикии кимиёвии гулњо ва дарахтон, ба монанди сафед кардани пояи дарахтон, дархост кардани хизмати коркарди кимиёвии дарахтон зидди њашароти зараррасон ва касалињо. 5. Иљро намудани корњо барои компосткунии партовњои пўсидашаванда. Талабот нисбат ба њавасмандон: - дониш ва таљрибаи корї дар соњаи боѓпарварї ва ё растанипарварї; - ба њайси шахси њуќуќї (соњибкор) ба ќайд гирифта шуда бошад (патент ва ё

пањншавиаш дар бахши давлатї ва хусусї ба вуќўъ меояд. Коррупсия дар бахши давлатї кирдорњои коррупсионии шахсони мансабдори маќомоти њокимияти давлатї ва худидоракунї, њифзи њуќуќ, хизматчиёни њарбї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дења, муассисањо, ташкилот ва корхонањои давлатиро дарбар мегирад. Коррупсия дар бахши хусусї аз он лињоз љой дошта метавонад, ки хизматчиёни ташкилоти тиљоратї ва љамъиятї захирањои шахсан ба онњо тааллуќдоштаро ихтиёрдорї намуда, имконият дорад ин ваколатњоро ба манфиати шахсї бар зарари ин ташкилот истифода барад. Тањлилњо нишон медињанд, ки коррупсия бояд дар ќонунгузории љиної ва маъмурї ба таври пурра љой дода шуда бошад. Зеро њолатњои коррупсионие дида мешаванд, ки ба љазои љиної рост наомада, барои ин гуна ашхос љазои маъмурї таъйин намуда, аз вазифаи хизматї озод карда мешаванд. Дар љомеаи мо аз њама љиноятњои хусусияти коррупсионидошта, ин додани пора, гирифтани пора ва дигар љиноятњое, ки ба муќобили њокимияти давлатї ва манфиатњои хизматї дохил мешаванд, содир мегардад. Барои решакан намудани коррупсия маќомоти њифзи њуќуќ њамарўза кўшиш ба харљ медињанд. Мењрубони ЉУМЪА, муалими кафедраи фанњои умумитахассусии коллељи милитсия, М. КАРИМОВ, Љ. ЉАМШЕД, курсантон

шањодатнома) ва ё њангоми бастани шартнома худро њамчун соњибкор (патент ва ё шањодатнома) ба ќайд гирад. Тартиби кор: - дар як њафта 5 рўзи кўтоњшудаи корї (4 соат, аз 7:00 то 11:00). Хизматпулї: дар ваќти суњбат баррасї мешавад. Тартиби иштирок дар озмун: - шахсони њавасманд метавонанд ба суроѓаи кўчаи Борбад 16 аризаи худро дар бораи иштирок дар озмун ирсол намоянд. Рўзи охири ќабули аризањо соати 16:00, 10 феврали 2020. Телефонњо барои тамос: (+992) 900003282; 446252012; 446252013.


4

ХАТЛОН

СЕШАНБЕ, 28 январи соли 2020, №8 (3244)

ДАРСИ ЗИНДАГЇ

људої аз њамќадами њаётро имтињони њаёт дониста, дар тўли солњои баъди марги зављааш њама њастии худро ба хайру накўкорї ва расонидани кумак ба эњтиёљмандон бахшидааст. Аз ин пас, зиндагї барояш як маънї дорад, дар ёди зављааш зистану бо хайру накўкорї орзуву ормонњои ўро амалї намудан. Охир, шодравон, њамсараш ободии диёру бењбудии шароити зиндагии мардумро орзу ва мадади беѓаразона ба њамсоягону эњтиёљмандонро рисолати њаётии худ мешуморид. -Дар хонаводаи пурфайзу саршор аз мењру муњаббати онњо панљ фарзанд ба дунё омада, дар рўњияи инсондўстию њисси ифтихор аз арзишњои миллату ватандорї ба камол расида, имрўз пайи кору рўзгори хешанд. Сафармањмади Хўљаназар, ки баъди зиёрати хонаи Худо хайру саховатмандиро пеша намуда буд, њар сол аз даромади њосили ангурбоѓи наздињавлигиаш ба пиронсолону ниёзмандон кумакњои пулию молї мерасонид. Соли 2013 замоне, ки њамсараш дар ќайди њаёт буд, онњо аз њисоби пасандозњои оила барои таъмини оби ошомидании наздики 100 оилаи кўчаи Лоњутии ноњияи Абдурањмони Љомї иќдом намуданд. Инак, чанд сол мешавад, ки њамсояву сокинони мањаллањои атроф бо оби нушокї таъмин буда, маблаѓи истифодаи обу неруи барќи ин нуќтаи обкаширо Њољї Сафармањмад мепардозад. - Њамсарам Ќурбонгул аз њар иќдоми хайрхоњонаамон рўњу илњоми тоза гирифта, бањри бењбудии шароити зиндагии атрофиён ва дастгирии эњтиёљмандон орзуву ормонњои зиёд дошт,- ба хотир меорад сифатњои неки њамсарашро. – Мо, ки ваъдаи ба зиёрати хонаи Худо фиристодани ўро доштем, баъди љамъ шудани пасандози кифоя хостам аз номи њамсарам, ки аз ин олам гузашта, ба љовидон пайваста буд, фарзи њаљро адо намоям. Аммо дар он шабу рўз Ќурбонгулро се маротиба дар хоб дида, баъди тафсиру тадбирандешї ба хулосае омадам, ки маблаѓи љамъ намудаамро, аз номи њамсарам ба беморону ниёзмандон хайр мекунам. Њамин тавр, баъди ба 240 нафар сокинони ноњияњои Абдурањмони Љомї ва Хуросон таќсим намудани кумакпулињо ќалбам ором гирифту

ба худ гуфтам: «Ба ростї, агар Ќурбонгул зинда мебуд, ба љойи њаљ чунин ташаббус нишон медод». Ба синну сол ва шикасту рехти зиндагї нигоњ накарда, ин марди пурдил дар зиндагї хушбин аст. Худро хушбахту саодатманд мешуморад, ки замоне аз суњбату мањфилњои дилнишини Лоиќ Шералї, Отахон Латифї ва дигар адибону зиёиёни кишвар бањравар гардидааст. Ў оњи пурдарде кашида, аз љайб дафтари шеърњои эљоднамудаашро бароварда, ќироат мекунад: Рафт солњо дўстон, Лоиќ намеояд дигар Шуд ќалби миллат хунчакон, Лоиќ намеояд дигар. Юсуф рањо аз чоњ шуд, омад ба Канъон оќибат Аммо дареѓо сад фиѓон, Лоиќ намеояд дигар. Кўњпорањои Оби гарм андар сукут, андар газанд Дар ѓам бимонд дашту даман, Лоиќ намеояд дигар. Љайњун талотум мекунад, худро њаме гум мекунад, Дар мотами ин хушбаён, Лоиќ намеояд дигар. Аз шеърњои пуралам ољиз монд илму ќалам, Бе Лоиќи ширинзабон, лоиќ намеояд дигар. Рафт он фурўѓи анљуман, рафт ќиммати лафзу сухан, Боѓи маонї шуд хазон, Лоиќ намеояд дигар Лоиќ намеояд дигар, Лоиќ намеояд дигар. Ў аз алами ёри рафтаву њам дар мавриди ояндаи насли наврас гуфтанињои зиёд дорад. Аммо мањдудияти ваќтро пеш оварда, идомаи суњбатро ба гоњи дигар мегузорад. «Фардо ба зиёрати манзили охирати њамсарам меравам. То фардо њар соату њар нафаси охири умрамро бесаброна интизорї мекашам, ўро бисёр пазмон шудаам», - гўён мўйсафед гирён шуд. Зимни хайрбодї ба чењраи барљаставу нуронї ва чашмони аз ашк нуќрабори мўйсафеди 77 сола нигариста, кас иќрор меояд, ки њанўзам ишќи поку муњаббати беолоиш дар замири инсонњо побарљост. Пирамарде, ки бо ќиссањои дилангезу зиндагии ошиќонааш таассуроти зиёдеро дар афкори мо гузошту рафт, нишони љовидонаи ошиќи дилсўхтаеро дошт, ки ба хотири ёду ёддоштњои султони ќалбаш мардвор месўзаду месозад, ё ба ќавле зиндагонї мекунад. Љамолиддин САЙФИДДИНОВ

БУЗУРГОН ДАР СИТОИШИ ИЛМИ РИЁЗЇ «... назорати азхудкунии донишњои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону љавононро ба мутолиаи китобњои бадеиву илмї ташвиќ намоянд, ќобилияти эљодии онњоро таќвият бахшанд ва ба таълими фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї таваљљуњи бештар зоњир намоянд». Аз Паёми Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН *Он касе, ки ќадру ќимати олии илми риёзиро паст мезанад, кўшише барои саргумию дарњамбарњамї мекунад. Леонардо Да Винчи *Риёзї яке аз муќаддимањои бењтарин ва њатто ягонаю имконпазири омўхташавандаи табиат аст. Д. И. Писарев *Суди асосии риёзї барои омўхтани табиат ба чї тавр истифодабарии он алоќаманд аст. Љ. Максвел *Њандаса дар бораи фазои илми табиат тасаввуроти њаќиќї намедињад, чунки он фаќат барои омўхтани фазои имконпазири физикї хизмат мекунад. Моррис Клайн *Илм воситаест, ки одамон тавассути он табиат ва худро идора мекунанд. А. Н. Колмогоров *Ман илми риёзиро ба хотири он бештар меомўзам, ки ба воситаи он кулли фањмишњои дар њаётшиносї мављударо мебинам. Бхаскара *Ман бо боварии том изњор медорам, ки баъзе аз муосирон, ё наслњои мо бо ёрии усулњои дигар асрори ошкорнакардаи моро ошкор хоњанд кард. Архимед *Риёзиётро бо самимияти том дўст дореду бештар омўзед, ки вай мушкилкушои њар муаммо, машъал ва ахтари дурахшандаи љамъи фанњост. А. Барќї *Њар чизе, ки бо чашм меби-

нем, забон барои баён кардани он ќодир нест. Барои ашёи бо чашм дидашавандаро даќиќу боварибахш ошкор намудан мушоњидаю тадќиќоти риёзї ва илмњои даќиќи дигар наќши носутуданї мегузоранд. Ф.Куллер *Дар илм шоњроњи васеъ мављуд нест, ба ќуллањои нурафшони он танњо касоне мерасанд, ки аз мондашавї натарсида, аз пайроњањои санглохи он баромада тавонанд. К.Маркс *Њељ як илм сањењ шуморида намешавад, агар дар он яке аз илмњои даќиќ татбиќ нашавад ва бо риёзиёт алоќаманд набошад. Леонардо Винчи *Барои фањмиши диалектикї ва материалистонаи табиат бояд мо заминаю ќобилияти шиносої бо математика ва табиатшиносї дошта бошем. Ф.Энгелс *Риёзї, ки яке аз илмњои ќадима ба шумор меравад, дар айни њол илми љавон ва тараќќикунанда низ мебошад. Риёзї њама ваќт соњаи тараќќикунанда, васеъкунандаи шуури худ, алоќа ба илмњои даќиќ, на ин ки ба онњо, балки боз ба њама соњањои гуногуни фаъолияти инсонї низ мебошад. М.В.Келдиш *Агар ман метавонистам, ки илмомўзиро аз нав сар кунам, ман ба маслињати Платон пайравї намуда, аввало ба илми њисоб машѓул мешудам, зеро ин илми аниќ аст ва танњо онро низ ба на-

«ХАТЛОН»

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

зар мегирад, ки дар натиљаи њисоб њосил шудааст. Г. Галиллей *Њељ як тадќиќоти инсонї илман њаќиќї номида намешавад, агар он аз исботи математикї нагузашта бошад. Леонардо да Винчи *Аз байни њамаи илмњо риёзї эњтироми махсус дорад, асоси он мавќеи ягонаест, ки њаќиќатан дуруст ва ивазнашаванда аст ва ин дар он ваќте ки мавќеи дигар илмњо низ то дараљаи маълум мубоњисашаванда аст ва њама ваќт хатари инкори онњо дар натиљаи кашфиётњои нав вуљуд доранд, низ ифода меёбанд. А. Эйнштейн *Дањ сањифаи хондаю фањмидаи математикї бењтар аз он аст, ки сад сањифаро аз ёд карда, маънояшро нафањмї. Як сањифаи мустаќилона аз худ кардашуда бењтар аст, аммо ин хеле кам аст. Д. Юнг *Ман фикр мекунам, ки ба мо лозим аст боз дорои як тањлили дигар бошем: геометрї ё хаттї, ки бо ёрии он бевосита вазъиятро ифода кунем. Ба монанди оне, ки чї тавр ба воситаи алгебра ифодаи воњидї мекунанд. Лейбнитс

МОДАР ФАРИШТА БУД

ЃАЗАЛИ ЉОВИДОНА

МАРДВОР МЕСЎЗАДУ МЕСОЗАД Ў бори 307-ум мешавад, ки ба зиёрати оромгоњи њамсараш роњсипор аст. Чун њамеша аз 45 километр масофа барои обёрии нињолу гулбуттањои манзили охирати њамсари азизаш дар зарфњои калон об мебурд. Аз 6-уми марти соли 2014, ки њамсафари њаётиашро аз даст дод, њар њафта субњи барваќт аз ноњияи Абдурањмони Љомї сўи ќабристони мавзеи Ѓаллаободи ноњияи Хуросон роњ пеш мегирад. Андешаи ободу сарсабзии гўри њамсараш бо амри дил аст, ки пирамард хараљу мараљи ин масири дурдаст ва бо машаќќати пиёдаву савора кашонидани зарфњои бузурги обро эњсос намекунад. Дарахтони сарсабзу гўри гулафшони як гўшаи ќабристони оммавии дењаи Ѓаллаобод аз мењру муњаббати бепоёни як марди асил нисбат ба бонуи зиндаёде шањодат медињад, ки давоми ќариб ним асри оиладорї чї гуна хушбахту ошиќона умри ширину пурбаракатеро паси сар намудаанд. Вай саргузашти оилавии худро ба ќиссаи «Тоњиру Зуњро» ва дигар достонњои романтикї шабоњат дода, садоќату вафодорї ва сабру тањаммулпазирї дар нишеманњои њаётро мояи хушбахтию саодати инсон мешуморад. - Дар чорсолагї аз модар ятим монда, 10 сола будам, ки ќиблагоњам низ аз дунё рењлат карданд. Дар хонаи бародар ба воя расида, хизмати њарбиро дар кишвари Литва адо намудам. Соли 1960 оилаи моро ба ноњияи А. Љомї муњољир карданд. Ман њам баъди адои хизмат ба ин љо омадам. Омўзишгоњи касбњои техникии №37-и ноњияро хатм намуда, ба њайси челонгар ба фаъолият пардохтам. То соли 1967 касби челонгариро пеш бурда, аз баракати музди зањматам молу маблаѓе љамъ намудам, то ин ки оиладор шавам. Бо амри таќдир бону Ќурбонгулро, ки дар рўзномаи ноњиявї кор мекард, вохўрдаму баъди чанде бародарам ба хонаи онњо хостгорї рафт, - буѓзи гиря дар гулў ќисса мекард мусоњибам. Њаёти оилавии мо, ту гуфтї, хоби ширине буд, ки ба миќдори як мижа задан паси сар шуд. Тавре худ иќрор медорад, зиндагї бањонае буд барои дарёфти мањбуби ќалбаш, ки давоми 47 соли њаёти ширину афсонавї бо ў, худро хушбахттарин инсони рўи олам медонист. Акнун, фироќи

ШЕЪРИ РЎЗ

*Геометрия аќлро ба њаќиќат наздик мекунад. Платон *Њаётро ду чиз ороиш медињад: машѓул шудан бо риёзиёт, дигаре таълимдињии он. А. Н. Пуассон *Бе донистани илми риёзї асоси техникаи њозиразамонро фањмидан мумкин нест ва онро низ фањмидан мумкин нест, ки чї тавр олимон мављудоти сотсиалии табииро меомўзанд. А. Н. Колмогоров *Дар риёзиёт чун дар дигар соњањо њељ чиз ба боварї ќабул карда намешавад, дар ин љо њама ваќт исбот лозим аст. У. Сайёр *Геометрия дар бораи фазои физикї маълумоти аниќ намедињад, балки танњо барои омўзиши фазоњое, ки мумкин вуљуд дошта бошанд, хизмат мекунад. Моррис Клайн *Ман математикаро барои он эњтиром мекунам, ки шахсони бо он ошно дар он роњњои фањмиши вуљуддоштаро мебинанд. Бхаскара *Агар шумо њаќиќатан математикаро дўст доред, Эйлерро хонед. Логранж Гирдоварандагон Ашк Юсуфї, Нигинаи Зоњир

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи гумшудаи АБ №629228, дар бораи хатми синфи 8 ки онро соли 1985 МТМУ №6-и шањри Бохтар ба Хонов Абдулхаким Абдуазизович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаиТАТУ №0090422, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2014 МТМУ №70-и ноњияи Кўшониён ба Ашуров Асрорљон додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи Т-АТУ №040678 дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 1992 МТМУ №13-и ноњияи Кўшониён ба Гадоев Мирали Ќурбоназарович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи БП №134624 дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 1988 МТМУ №13-и ноњияи Кўшониён ба Гадоев Нурали Ќурбоназарович додааст, эътибор надорад.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

А. ЉОМЇ Халќе чу гул шукуфтаву хандон ба тарфи боѓ, Мову диле зи њаљри ту чун лола доѓ-доѓ. Дар боѓ агар на бўи ту ёбам ба њар гуле, Оње занам аз дилу оташ занам ба боѓ. Пўшида дор ѓунчасифат пирањан зи бод, То бўи ў чу гул нашавад атри њар димоѓ. Њољат мабар ба хонаи њамсоя, эй рафиќ, К-имшаб шарори синаи ман бас бувад чароѓ. Дар чобукї тариќи ту варзанд некувон, Лекин хироми кабки дарї нест кори зоѓ. Кай соя бар сарам фиганад он њумои ќудс, Чун бар кулўх менанишинад маро кулоѓ. Фасли бањор баста љањоне ба айш дил, Љомию дарди ишќу зи айши љањон фароѓ.

Модар фаришта буд, фаќат болу пар надошт, Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт. Ё дошт огањї зи пару боли хеш, лек Майли људо шудан зи ману аз падар надошт. Дар кўдакї ба модари худ хостам барам Як њадя, лек љайби ман он лањза зар надошт. Зар ёфтам ба гоњи љавонию он замон Љуз ишќи ёр сина њавои дигар надошт. Ваќте ба ёди њадя фитодам, ки модарам Рўйи лабаш ба ѓайри «видоъ, эй писар» надошт… Модар фаришта буд, пари худ кушоду рафт, Азбас илољ пеши ќазову ќадар надошт. Модар фаришта буд, даќиќан, фаришта буд, Њатто ба дўш болу паре њам агар надошт. ОЗАР

ОШХОНАИ КАДБОНУ

ПИРОГ БО МАНДАРИН Мањсулоти лозима: 1. 300 грамм орд; 2. Як пиёла шакар; 3. Се дона тухм; 4. Ним пиёла шир; 5. Як пиёла равѓани растанї; 6. Моддаи ковоккунанда; 7. Панљ-шаш дона мандарин. Сараввал, бо миксер тухм, шакар, равѓан, шир, моддаи ковоккунанда ва ордро бо њам лат мезанем.

Баъдан, мандаринро аз пўсташ људо карда, ба мисли доира ду ним мекунем. Лаълии тафдонро гирифта, ба дарунаш ќолабро гузошта, каме шакар мепошем. Аввал мандаринњоро даруни лаълї пайи њам мечинем ва хамири омодакардаамонро аз болои он мерезем. Онро дар њарорати 180 дараља мепазем. Баъди пухтан пирогро баръакс, яъне рўйболо, ба лаълї мегузорем, ки бо њалќањои мандарин ороиш ёфтааст.

ХЎРИШИ «ДАСТБАНДИ АНОРИН» Мањсулоти лозима: Гўшти мурѓ – 300 грамм; Пиёз - як дона; Картошка – 300 грамм; Лаблабуи сурх – 300 грамм; Чормаѓз – 50 грамм; Анор - як дона; Намак, майонез. Картошка ва лаблабуи сурхро дар алоњидагї љўшонида

онњоро аз тарошак мегузаронем. Пиёзро майда реза карда, бо каме равѓани рустанї то тиллоранг шуданаш мезирбонем. Сипас, гўшти реза кардаи мурѓро намак зада, бирён мекунем. Баъдан чормаѓзро низ кўфта омода месозем. Дар миёнаи лаълие, ки хўришро мегирем, як стакан мегузорем, то ин ки

хўришамон ба дастбанд монанд шавад. Баъдан, њар як мањсулоти тайёркардаро ќабат ба ќабат мечинда ба он майонез мемолем. Дар охир, рўйи хўришро бо донањои анор ороиш медињем. Инак, хўришамон омода шуд. Нўши љон! Тањияи ГЕСЎ

Хонед, аљиб аст - Номи ќитъаи Осиё соли 425 то милод пайдо шудааст. - Соли 1983 дар Антарктида 89 дараља хунук шуда буд. - Меркурий дар гирди мењвари худ дар 60 шабонарўз як маротиба давр мезанад. - Дар чуќурии 4 км дарёи азими дигаре бо номи Хамза дар зери дарёи Амазонка ба тарафи муќобил љорї аст, ки онро олимон ошкор кардаанд. - Дар уќёнуси Яхбастаи шимолї 6 моњ рўз ва 6 моњ шаб мебошад. - Аввалин ќасрњои баландошёна соли 1885 дар шањри Чика-

гои ИМА, ки аз 42 метр баландї иборат буданд, пайдо шудаанд. - Баъди 80 сол дар шањри Дубай ќасре сохта шуд, ки 828 метр баландї дошта аз 163 ошёна (бо исми Бурљи Халифа) иборат аст. - Дар шањри Барселона ќасре бо номи «Оилаи муќаддас», ки дар олами зебої ягона аст, 133 сол боз сохта шуда истодааст ва њоло њам сохтмонаш ба охир нарасидааст. - Аввалин термос соли 1893 аз тарафи олими шотландї Чеймс Дюар сохта шуда, танњо соли 1903 дар олам бо номи «термос» маълуму машњур гардид.

- Аввалин соати механизмдор дар асри 8 милодї дар Чин пайдо шуда буд. - Намуди њозираи гугирд солњои 80-90 уми ќарни гузашта дар Шветсия пайдо шудааст. - Оинаро аввалин шуда олими итолиёї Љон Пекам соли 1279 ихтироъ кардааст. - Аввалин чуткаи дандоншўї соли 1770 аз тарафи олими англис Уилям Аддис ихтироъ карда шудааст. Фароњамсоз Шарифљон РАЊИМЗОДА

РАЁСАТИ АГЕНТИИ МЕЊНАТ ВА ШУЃЛИ АЊОЛЇ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШЃОЛИ МАНСАБЊОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТЇ

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД № т/б

Номгўи мансаб

Мансуби кадом категория

Маоши мансабї

1.

Сармутахассиси бахши Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Носири Хусрав

5

984

2.

Сармутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Шањритуз

5

984

3.

Сармутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањри Бохтар

5

1032

4.

Сармутахассиси Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Кўшониён

5

984

5.

Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Балљувон

6

768

6.

Мутахассиси пешбари бахши Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Носири Хусрав

6

768

7.

Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Хуросон

6

768

8.

Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Дўстї

6

768

9.

Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Шањритуз

6

768

10.

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Фархор

7

630

11.

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Љ. Балхї

7

630

12.

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Ёвон

7

630

13.

Мутахассиси шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Ховалинг

7

630

14.

Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањри Бохтар

6

768

Эзоњ: Ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали тарифї иловапулї изофа карда мешавад. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Файзалї Саидов 3, телефон барои тамос: 2-76-20, 2-90-83, 987-15-28-28. Донишкадаи энергетикии Тољикистон дар дои-раи амалї намудани Лоињаи Рушди тањсилоти олї дар Љумњурии Тољикистон барномаи грантии озмуни “Ташкили шароит барои бењтаркунии сифати тањсилоти хатмкунандагони ихтисоси «Сохтмон ва истифодабарии НБО» барои харидории таљњизоти озмоишии равияи “Сохтмони иншоотњои гидротехникї” ТЕНДЕР ЭЪЛОН МЕКУНАД Муњлати охири пешнињоди њуљљатњо 28 январи соли 2020. Пешнињодоти худро ба суроѓаи зерин ирсол намоед: 735162, ноњияи Кўшониён, шањраки Бохтариён, кўчаи Н.Хусрав 73, бинои маъмурии ДЭТ, Маркази татбиќи лоињањо. Web site: www.det.tj Email: bahtier.abdulloev.86@mail.ru Тел: (+992) 777-07-65-55.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Сайфиддинов ЉАМОЛИДДИН Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 28.01.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муњосибот: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №8-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu