ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №6 (3242)
ЉУМЪА, 17 январи соли 2020
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
«...Вазорати маориф ва илм ва роњбарони
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУЊТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА МАЉЛИСИ ОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН 26 декабри соли 2019, шањри Душанбе
муассисањои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчањои назму наср љиддї назорат кунанд ва барои боло бурдани сатњи маърифатнокї, тавсеаи љањонбинї ва сухандону сухангў шудани насли ояндаи кишвар тадбирњои љиддї ва судмандро ба роњ монанд. Роњбарону масъулони соњаро зарур аст, ки сатњу сифати таълимро баланд бардошта, љињати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишљўён тадбирњои иловагиро роњандозї намоянд ва њамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диќќати бештар дода, барои амалї гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон чорањои зарурї андешанд».
Иттифоќњои касаба-њомии њуќуќњои шањрвандон
16-уми январи соли равон Пленуми њаштуми Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар љамъомад роњбари дастгоњи раиси вилояти Хатлон Ѓазалшо Сафарзода, муовини раиси Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон Исмоил Файзизода, раисони кумитањои иттифоќи касабаи соњавї, намояндагони ташкилотњои ибтидоии иттифоќњои касаба ва кормандони ВАО ширкат доштанд. Пленуми њаштумро раиси Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон Абдурозиќ Ризозода кушода, њозиринро бо рўзномаи љамъомад ошно намуд. Сараввал њозирин њисоботи Абдурозиќ Ризозодаро дар бораи љамъбасти фаъолияти Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон дар соли 2019 ва вазифањо барои соли 2020 шуниданд. Тавре ки А. Ризозода таъкид дошт, Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят љињати њифзи њуќуќњои мењнатї ва манфиатњои ќонунии иљтимоиву иќтисодии шањрвандон, аъзои иттифоќи касаба корњои муайянеро ба анљом расонид. Масъалаи ќабули шањрвандон ва сари ваќт њаллу фасл намудани мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї доимо дар маркази диќќати Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят ќарор дошта, дар соли 2019 мурољиати 725 шањрванд ба ќайд гирифта шудааст, ки аз онњо 11 нафар маъюб ва 28 нафар нафаќахўр мебошанд. Аз рўи мурољиатњои баќайдгирифта аз тарафи Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон ва Шўрои иттифоќњои касабаи шањри Кўлоб 17 корманди ѓайриќонунї аз кор озод карда шуда, ба љойи кори пештараашон барќарор ва рухсатпулии як корманд аз корфармо рўёнида дода шуд. Ба маќсади дастрасии њамагон бо хабару маълумотњо оид ба фаъолияти иттифоќњои касабаи вилоят Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон сомонаии худро таъсис дод. Дар ин давра љињати баланд бардоштани савияи донишњои њуќуќиву иќтисодї ва расонидани ёрии амалии дастуриву усулї бо раисони ташкилотњои иттифоќи касаба ва кормандони масъули корхонаву ташкилот ва муассисањои шањру ноњияњои Бохтар, Кўлоб, Фархор, Темурмалик, Ќубодиён, Шањритуз, Н. Хусрав, Хуросон, А. Љомї, Љ. Балхї ва Ш. Шоњин семинарњои сайёри омўзишї доир карда шуданд, ки дар онњо раисони ташкилоту муассисањо, раисони ташкилотњои ибтидоии иттифоќи касаба, нозирони кадрњо ва сармуњосибони ташкилоту
муассисањо ширкат доштанд. Чуноне ки зимни њисобот А. Ризозода иброз дошт, яке аз самтњои муњими фаъолияти Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон њамчун шарики иљтимої, њамкорї дар ташкили истироњати тобистонаи кўдакону наврасон ва табобати санитариву курортии кормандон дар осоишгоњ мебошад. Љињати мусоидат ба татбиќи амалии ќарори раиси вилояти Хатлон аз 29 марти соли 2019 №91 “Оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 марти соли 2019 тањти №103”, “Дар бораи ташкили истироњати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2019” як ќатор корњо ба анљом расонида шудаанд. Аз љумла, дар истироњатгоњњои “Шифобахш” 226 нафар, “Насими Фархор” 85 нафар, “Шарора” 250 нафар ва Истиќлол 75 нафар, “Интернати Кадучї”-и ноњияи Восеъ 30 нафар, “Офтобак”-и шањри Норак 120 нафар, дар маљмўъ 796 кўдаки ятиму бепарастор ва аз оилањои камбизоат ба истироњату фароѓат фаро гирифта шуданд. Њамчунин, Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 25 январи соли 2017 №34 «Дар бораи, тартиб ва андозаи харољоти маблаѓи суѓуртаи давлатии иљтимої барои табобати санитарию курортї, ташкили истироњати кормандон ва аъзои оилаи онњо ва чорабинињои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонањо» 217 кўдаку наврасонро аз њисоби маблаѓи суѓуртаи давлатии иљтимоии дар харљномаи муассисањои тањсилоти миёнаи умумї пешнињодшуда, барои фароѓат ба истироњатгоњи беруназшањрии “Файзи Истиќлол”, воќеъ дар дараи хушманзари “Варзоб” сафарбар намуданд. Кумитаи иттифоќи касабаи соњаи кишоварзии вилоят бошад, бо дастгирии Кумитаи љумњуриявии соњавї дар истироњатгоњи “Ќаратоѓ”-и ноњияи Шањринав 200 нафар, иттифоќи касабаи кормандони наќлиёт ва роњњои вилоят 9 нафар кўдакону наврасонро дар истироњатгоњи “Шоњин”-и шањри Бўстони вилояти Суѓд ва Кумитаи иттифоќи касабаи соњаи савдо 14 нафар кўдакони кормандони соњаро дар истироњатгоњи “Чангоб”-и шањри Њисор ба истироњат фаро гирифтанд. Чуноне ки дар њисобот таъкид гардид, Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят бањри амалигардонии ќоидањои њифзи мењнат, таъмини шароити корї, риояи ќоидањои техникаи бехатарї, муњофизат
аз сўхтор, њифзи муњити зист, экология ва санитариву гигиенї пайваста тадбир меандешанд. Дар давраи њисоботї ба буљаи молияи Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон 473633 сомонї њаќќи аъзогии иттифоќњои касаба ворид шуд, ки ин 80 фоизи наќшаи солонаро ташкил медињад. Њамчунин, дар ин давра дар доираи чорабинињо бахшида ба солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї дар назди Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии вилоят ташкилоти љамъиятии “Сайри љањон” ташкил карда шудааст, ки њар моњ хоњишмандонро барои дидан аз мавзеъњои таърихии Тољикистон ва берун аз он сафарбар менамояд. Тавре ки А. Ризозода иброз дошт, Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят ва кумитањои иттифоќњои соњавї дар оянда низ њамкориро бо Федератсияи мустаќили Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва хадамоти давлатї дар соњаи мењнат дар вилоят вусъат дода, иљрои уњдадорињои бандњои созишномаи минтаќавии байни маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти
шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2020-2030” ва буљети молиявии Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон низ тасдиќ гардиданд. Роњбари дастгоњи раиси вилояти Хатлон Ѓазалшо Сафарзода зимни суханронї иброз дошт, ки мулоќоти Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо аъзоёну масъулини иттифоќи касаба бори дигар аз он шањодат медињад, ки Роњбари давлат нисбати фаъолияти иттифоќњои касаба бетаваљљуњ нест. Тавре ки Сарвари давлат таъкид доштанд: “Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон бояд фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мувофиќ намуда, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба њифзи мењнат ва муњити зист, таъминоти иљтимої ва суѓурта, назорати љамъиятии риояи ќонунгузорї оид ба мењнат, иљрои созишномањо ва шартномањои коллективї, таълим ва такмили ихтисоси кадрњои иттифоќи касаба чорањои мушаххас андешад”. Чуноне ки Ѓ. Сафарзода таъкид дошт, раванди љањонишавї, муборизањои давлатњои абарќудрат
Хатлон ва иттињодияи корфармоёни вилояти Хатлон барои солњои 2018-2020ро таъмин намуда, минбаъд низ самти асосии фаъолияти худро љињати иљрои вазифањои оинномавї, амалї гардонии назорати љамъиятии ќонунгузории мењнат ва њифзи њуќуќњои иљтимої ва мењнатии кормандон равона месозад. Сипас, наќшаи чорабинињои Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон оид ба амалигардонии дастуру супоришњои дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2019, њамчунин, наќшаи фаъолияти Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон барои соли 2020 аз љониби иштирокдорони Пленум тасдиќ гардид. Абдурањмон Њамидов, мудири шуъбаи њуќуќи Шўро оид ба љамъбаст ва тањлили мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї дар Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон ва ташкилотњои њамузв гузориш дод. Дар Пленуми њаштуми Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон наќшаи чорабинињои Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон оид ба татбиќи амалии Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №599 аз 27 ноябри соли 2019 “Дар бораи барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии
имрўз таќозо месозад, ки тамоми мардуми кишвар муттањиду якљо бошем, бањри њимояи манфиатњои давлату миллат, пойдории вањдат ва сулњу амният, ки бо зањматњои бесобиќаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, посбону љоннисори ин ватан бошем. Дар ин љода Паёми навбатии Президенти мамлакатро ба Маљлиси Олї чун наќшаву дастури њамарўзаи њаёту фаъолияти хеш ќарор дињем. Зеро Паёми мазкур имрўзу 20 соли ояндаи ватани азизамонро муайян сохтааст. Муовини раиси Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Љумњурии Тољикистон И. Файзизода низ сухан намуда, иброз дошт, ки соли 2020 барои кормандони иттифоќњои касаба соли махсус ба шумор меравад. Ба ин маќсад фаъолияти хешро бояд аз соли гузашта дида бењтару хубтар ба роњ монем. Сањми худро дар рушду нумўи љомеа гузорем. Пасон ба як гурўњ кормандони иттифоќњои касаба, аз љумла масъулини кумитањои соњавї ва ташкилотњои ибтидої ифтихорномањои Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Љумњурии Тољикистон ва Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон супурда шуд. А. САФАРЗОДА “Хатлон”
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ЯК РУКНИ НАВРЎЗИ ОЛАМАФРЎЗ АСТ Дар доираи иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 13 декабри соли 2018, банди 22-и љадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунњои анъанаю њунарњои мардумї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2019-2021, имсол низ озмуни љумњуриявии гулњо тањти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Њадафи асосии баргузории фестивали «Сайри гули лола» вусъат бахшидани ободонию сабзкорї дар шањру ноњияњо, дењоту мањаллањо, инчунин ташвиќу тарѓиби фарњанги зебоипарастї дар байни ањолї ба њисоб меравад. Озмуни љумњуриявии «Сайри гули лола», пеш аз њама, барои баланд бардоштани сатњи донишу маърифат, фарњангу љањонбинї, бедор намудани завќи зебоипарастї дар зењни њар сокини мамлакат, ободу зебо намудани њар як хона, кўча, мањалла, дења, дењот, шањрак, ноњия, шањр, вилоят равона гардида, барои сазовор истиќбол намудани љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон нигаронида шудааст. Ќобили зикр аст, ки имрўзњо омодагї ба даври якуми фестивали «Сайри гули лола» дар сатњи мањалла, дењот, шањрак, ноњия, шањрњои вилояти Хатлон бомаром идома дорад. Дар маркази маъмурии вилоят – шањри Бохтар, чун соли ќаблї барои ширкат дар озмуни «Сайри гули лола» тайёрии њамаљониба мебинанд. Ба иттилои масъулони идораи њифзи муњити зисти шањр, имсол шинонидани 478 њазору 288 дона гули лола ва 257 њазору 843 адад гули садбарг ба наќша гирифта шудааст. То имрўз 347 њазору 76 дона гули лола, 22 њазору 340 дона гули виола ва 165 њазору 300 бех гулкарам шинонида шудааст. Дар маљмўъ, дар мавсими имсола дар њудуди маркази маъмурии вилоят шинонидани як миллиону 843 њазор дона гулњои рангоранги ороишї пешбинї гардидааст, ки ин наќша то 7 январ 72% иљро шудааст. Тавре ки аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ёвон хабар доданд, имсол дар ноњия тибќи наќша шинонидани 55 њазор дона гули лола дар назар аст. То имрўз 29 њазору 670 дона лолаи навъњои гуногун шинонида шудааст. Дар кўчаву хиёбонњои ноњияи Фархор то охири њафтаи сипаришуда 32 њазор бех гули лола ва 200 дона гули садбарг шинонида шудааст. Тибќи наќша барои боз њам оро додани ноњия иловатан 30 њазор гули садбарг, 200 њазор адад дигар намуди гулњо бояд шинонида шаванд. Дар маљмўъ, имсол шинонидани 300 њазор бех гулњои ороишї дар назар аст. Масъулони бахши њифзи муњити зисти шањри Норак иттилоъ доданд, ки дар ин шањри нур низ омодагињо ба озмуни љумњуриявии «Сайри гули лола» хуб ба роњ монда шудааст. Тибќи наќша, бояд сад њазор бех гули лола ва 330 њазор адад гули навъњои дигар шинонида шавад. То њафтаи гузашта аллакай 19 њазору 800 дона гули лола, 18 њазору 880 бех гулњои ороишї шинонидаанд, ки дар арафаи Наврўзи байналмилалї нашъунамо хоњанд ёфт. Дар ноњияи Восеъ бошад, то 4 январи соли равон аллакай 23 њазор дона гули лола шинонидаанд. Дањ њазор бех гулњои
ороишї дар њудуди шањрак ва њудуди љамоатњо то њафт њазордонаї гулњои гуногуни зеббахш шинонида шудааст. Гулкорон маќсад доранд, ки теъдоди лолањоро ба 38 њазор адад расонанд. Њамин тавр, дар ноњияи Љайњун низ шинонидани на кам аз 22 њазор дона лоларо имсол ба наќша гирифтаанд. То њафтаи гузашта 7 њазору 200 дона гули лола, 2 њазору 500 бех садбарг, 1100 бех дарахтони ороишї дар ду канори шоњроњ, 1010 нињоли дарахтони њамешасабз ва 3070 бех дарахтони сояафкан шинонида шудааст. Маъракаи шинонидани гулу буттањо, бахусус лола дар тамоми шањру ноњияњои вилояти Хатлон идома дорад. «Сайри гули лола» як рукни таърихии љашни Наврўзи оламафрўз буда, эњёи суннати мазкур дар самти дўст доштани табиат ва зебоипарастии мардум наќши муассир дорад. Ба ќавли таърихшиносон, дар гузашта ин ойин дар сарзамини Бохтари ќадим ва баъзе манотиќи дигар бо номи «Љашни гули сурх» хеле шукўњманду хотирмон баргузор мегардид. Тайи солњои охир дар Љумњурии Тољикистон бо як шукўњу шањомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатњи мањалла, дењот, шањр, ноњия, вилоят ва љумњурї нишонаи арљгузорї ба арзишњои таърихию фарњангии халќи тољик буда, ташаббускори ин иќдоми басо нек ва дилписанд Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба њисоб мераванд, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорї њидоят намуда, фарњанги зебоипарастиро ташвиќу тарѓиб мекунанд. Ќобили зикр аст, ки даври дуюми озмун дар сатњи вилоят ва марњилаи сеюм дар пойтахти мамлакат дар моњи апрели соли љорї љамъбаст хоњад шуд. Соли гузашта ба иштирокчиёни даври љумњуриявии озмун аз рўйи бењтарин гулгашту хиёбонњо бо шинондани гулњои лолаю садбарг, дарахтони сояафкану ороишї, бењтарин шањраку дењот ва мањалла дар 9 номинатсия ѓолибон муайян карда шуданд. Дар љумњурї мањаллаи Рўдакии шањри Бохтар бењтарин мањалла дониста шуд. Дар мањаллаи мазкур се гулгашти зебо бо беш аз 20 њазор гулњои лолаю садбарг ороста шуда буд. Рушди дењот, ки аз масъалањои муњим давоми се соли оянда ба њисоб меравад, «Бењтарин дењот» яке аз номинатсияњои озмун буд. Љамоати дењоти «Рўдакї»-и ноњияи Восеъ аз рўйи ин номинатсия ѓолиби љойи аввал шуд. Дар номинатсияи «Бењтарин дења» дењаи Пушинги ноњияи Данѓара ѓолиб омад. Дар љумњурї дар пайи ташкили озмуни љумњуриявии «Сайри гули лола» соли гузашта 2 миллиону 673 њазору 123 гули лола шинонида шуд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
2
ХАТЛОН Дар партави Паём
ТАВАЉЉУЊ БА ИЛМУ МАОРИФ БЕШТАР АСТ Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њаёти сиёсиву иљтимої ва фаъолияти Њукумати мамлакатро дар давоми як сол тањлилу баррасї намуда, барои солњои минбаъда якчанд вазифаи мушаххас дар назди халќу Њукумат гузошт. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, дар соли 2019 низ чун дигар солњои даврони соњибистиќлолї фаъолияти Њукумат ба хотири некуањволии мардум ва ободии љумњурии азизамон равона карда шуда, дар ин самт корњои зиёде низ анљом ёфтаанд. Соли сипаришуда барои халќу давлати мо соли бобарор ва таърихї буд ва мо дар ин сол ба як ќатор дастоварду муваффаќиятњо ноил гардидем. Яке аз масъалањои асосие, ки мавриди таваљљуњи Сарвари мамлакат ќарор гирифт, масъалаи илму маориф буд. Ќайд гардид, ки ба соњањои илму маориф эътибори аввалиндараља додан, дар њамаи зинањои тањсилот ислоњот даровардан ва мушкилоти мављударо давра ба давра бартараф кардан таќозои замон мебошад. Њамчунин, таъкид карда шуд, ки ба зинаи тањсилоти томактабї диќќати љиддї дода, шумораи муассисањои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди ќобилияти зењнии кўдакон шароити мусоид фароњам созем. Доир ба ин масъалаи, ки мавриди таваљљуњи Сарвари мамлакат ќарор гирифт, раванди маърифатнокии љомеа ва ба китобхониву забондонї љалб намудани онњо буд. Бо ин маќсад Пешвои миллат дастур доданд, ки њар сол озмуни “Фурўѓи субњи доної” – ро баргузор намуда, ба он доираи њарчи васеътари љомеа љалб карда шаванд ва аз мактаб сар карда, то маќомоти мањалливу марказии њокимияти давлатї љињати њавасмандсозии ѓолибон чораљўї намоянд. Инчунин, Сарвари мамлакат пешнињод намуданд, ки тањти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни љумњуриявии “Тољикистон - Ватани азизи ман” њар сол баргузор карда мешавад. Мувофиќи таъкиди Сарвари мамлакат китоб мањсули аќлу заковати мардуми
соњибтамаддун, омили асосии њифзи фарњанги миллї ва яке аз муњимтарин воситањои маърифатнок намудани љомеа мебошад ва ба њамин хотир, лозим аст, ки чопи китобњои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панљ китоби бадеї ва њифзи асарњои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роњ монанд ва иљрои онро зери назорати ќатъї ќарор дињанд. Сарвари мамлакат аз он изњори нигаронї карданд, ки дар давоми солњои 20142019 ќариб 8 миллион китоб ба нашр расида бошад њам, вале беш аз 2 миллион нусха китобњо ба фурўш нарафта, дар анбори нашриёт мондаанд. Барои рафъи ин мушкилот супориш доданд, ки роњбарони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо бо маќсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонањои соњавї ва муассисањои тањсилоти умумї маблаѓњои зарурї људо намуда, китобњои аз гардиш бозмондаро дастраси мардум гардонанд. Иќдоми дигаре, ки аз љониби Пешвои миллат роњандозї гардид, то љашни 30 – солагии Истиќлолияти давлатї аз њисоби Фонди Президенти Љумњурии Тољикистон чоп кардан ва аз номи Роњбари давлат ба њар як оилаи кишвар туњфа намудани китоби “Тољикон” – и Бобољон Ѓафуров буд, ки бешак, дар баланд бардоштани њувияти миллї ва ифтихори ватандории мардум сањмгузор хоњад буд. Ба ќавли Сарвари мамлакат, дар шароити љањонишавї ва рушди технологияњои иттилоотї, ки воридшавии унсурњои бегонаро ба фарњанги миллї осон гардонидааст, рў овардан ба таърих ва огоњ будан аз аслу насаби хеш барои њар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу љавон зарур ва њатмї мебошад. Барои ба ин маќсад расидан лозим аст, ки тамоми мардуми шарафманди Тољикистон якдилона мењнат намоянд ва барои ояндагон мулки ободе ба мерос гузоранд. С. АЊМАДОВ, номзади илмњои филология, мудири кафедраи адабиёти тољик, С. ЧИЛЛАЕВ, докторанти кафедраи адабиёти тољики ДДБ ба номи Н. Хусрав
СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ЉОНИБДОРЕМ Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон самтњои афзалиятноки сиёсати дохилї ва хориљї, рушди тараќќиёти иктисодиёт, бењдошти некуањволї ва тамоми соњањои иљтимоии мамлакатро мавриди тањлилу баррасї ќарор дод. Мо омўзгорон оид ба пешравї ва камбудињо дар соњаи маорифро бештар таваљљуњ зоњир намудем. Дар замони муосир тарбия намудани насли худогоњу ватандўст, ки тавони њифзу нигоњдошти манфиатњои миллиро дошта бошад. хеле зарур ва муњим аст. Аз љумла, эълон шудани солњои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фаннњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф» дар муассисањои таълимї ва ѓайрањо, инчунин дар Паём доир ба баланд бардоштани савияи дониши хонандагону донишљўён маслињатњо ва таклифњо пешнињод намуданд. Огањї аз таъриху фарњанги миллї, пос доштани анъанаю оинњои миллї ва дигар масъалањои иљтимої таъкид гардид. Мањз бо ин маќсад идома додани Амри Пешвои миллат барои гузаронидани озмуни љумњуриявї «Фурўѓи субњи доної» ба тасвиб ра-
сид. Илова бар ин, барои баланд бардоштани забондонї ва хондани якчанд асарњо аз тарафи омўзгорон хело бомаврид ва рўзмарра мебошад. Љаноби Олї барои таќвият бахшидан ва бењтар намудани сатњи дониш ва байни ањолї пешнињоди кушодани китобхонањои муосир моро хело рўњбаланд намуд. Мушоњидањо маълум намуд, ки тамоми сокинони кишвар сиёсати хирадмандонаи Љаноби Олиро якдилона дастгирї намуда, аз пайи иљрои он тамоми зањмату кўшиши худро дареѓ намедоранд. Дар Паёми имсола вобаста ба камшавии сатњи бекорон, зиёд намудани љойњои нави корї, таъмиру аз навсозии иншооти љамъиятї то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, муњайё намудани фазои мусоид барои соњибкорон ва сармоягузорон ба вазорату кумитањои дахлдор дастуру супоришњои мушаххас дода шуд. Љаноби Олї барои дар сатњи баланд љашн гирифтани 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба тамоми ањолї дастуру супоришњои ќатъї доданд. Њољарбї ОЙМАТОВА, омўзгор
Дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Кўшониён, бо иштироки Вализода Икромиддин Сирољиддин, раиси ноњияи Кўшониён, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалњои њуќуќї, Саъдї Шарипов, њуќуќшинос, омўзгори Донишгоњи миллии Тољикистон бо фаъолон, раисони участкањои интихоботї ва аъзои комиссияи интихоботї, вохўрии судманд баргузор гардид. Нахуст, Вализода Икромиддин Сирољиддин, раиси ноњияи Кўшониён, ба сухан баромада, иброз намуд, ки љињати љалб намудани тамоми ќишри љомеа ба интихобот чорањои зарурї андешида, гурўњњои таблиѓотї корњои фањмондадињиро ба роњ монанд. Зариф Ализода, ёрдамчии Прези-
Миллати тољик соњиби оину суннатњои бостонї ва фарњанги ќадима буда , дар тамаддуни љањонї сањми сазовор гузоштааст. Суннату оинњои нек ва љашнњои миллии мо, мисли Наврўз, Мењргон ва Сада дар тўли таърих барои тарѓиби ахлоќу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
ЉУМЪА, 17 январи соли 2020, №6 (3242)
ИНТИХОБОТРО ДАР САТЊИ БАЛАНДИ СИЁСИВУ ТАШКИЛЇ МЕГУЗАРОНЕМ денти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалњои њуќуќї, дар баромади худ оид ба тартиби баргузории интихобот дар участкањои интихоботї, ба ќайдгирии номзадњо, раванди корбарии аъзоёни участкањо ва шароити хуби корї муњайё намудан дар нуќтањои овоздињї рўшанї андохт. «Бояд рўзи баргузории интихобот фазои идона дошта бошад ва даъватномањои интихобкунандагон бояд мувофиќи ќонунгузорї оид ба интихобот сари ваќт дастраси шањрвандон гардонида шавад», - ќайд намуд Зариф Ализода. Инчунин, таъкид гардид, ки барои
шахсони имконияташон мањдуд ва шахсони солхўрда ва барљомонда, дар рўзи баргузории интихобот шароити мусоид фароњам оварда шавад. Саъдї Шарипов, њуќуќшинос, омўзгори Донишгоњи миллии Тољикистон, дар баромади хеш, оид ба масъалњои њуќуќї ва ташкилии баргузории маъракаи интихобот ќайд намуда, аз аъзоёни комиссияи интихоботї даъват ба амал овард, ки љињати ташкили рўйхати интихобкунандагон: “Бахусус шањрвандоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, корњои фањмондадињї ба роњ монда шавад.
ди санг ба њайрат монда, онро чун шўои фурўѓи яздонї пазируфт ва аз њамон рўз бузургдошти Оташро ба љо овард. Ин маросим љашни Сада номгузорї шуд ва мардуми ориёинажод онро пос дошта, дар арафаи фаро расидани он гулханњо меафрўхтанд. Њушанг аввалин одаме буд, ки баъди ихтирои оташ ба истихрољи филизот аз санг оѓоз намуд ва онро гудохта алайњи ањриманзодаву деву дадњо аслињаи љангї сохт. Сада калимаи форсїтољикї буда, аз адади 100 (сад) гирифта шуда, дар забони пањлавї он ба шаклњои «сат», «сатаг», «сазак» ё «саз» омадааст. Ин љашнро 10-уми моњи Бањман то омадани Наврўз 50 шабу 50 рўзро фаро мегирад, яъне поёни шаби 30-юм ва оѓози рўзи 31-уми январ ниёгони мо љашн мегирифтанд. Ба ќавли Абўрайњони Берунї аљдодони барўманди мо шабу рўзро алоњида њисоб мекарданд, ки он дар якљоягї то расидани Наврўз 50 шабу 50 рўз ( дар маљмўъ 100) – ро ташкил менамуд. Сада омад, ки тарабро сару солор бувад, Шодмониро з-ин пас бар мо бор бувад.
Дар роњи љашни Сада гарчи зимистон дар баст, Партави чењраи ў гуфт, ки ин ёр бувад. Љашни Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардињои зимистон одатан муждае аз наздик расидани фасли бањор меовард. Мардум, аз он љумла дењќонон дар шаби Сада бори дигар фариштаи гармию фурўѓи миної Митра (Мењр)ро ёдоварї намуда, ба поси он гулханњои бузург меафрохтанд ва шодиву хушњолї менамуданд. Сада моњиятан пирўзии рўшноиро бар торикї ифода намуда, бо тантанаи оташафрўзї омадани фасли бањору муждаи пешакии Наврўзро мерасонад. Ин маъниро дар «Фарњанги забони тољикї», ќисми 2 низ ба хубї пайдо кардан мумкин аст, ки вожаи Сада маънии гурўњи саднафара, дастаи садкасиро дорад. Њамчунин омадааст, ки Сада яке аз се љашни куњантарин ва бузургтарини мардуми ориёинажод буда, онро аз ањди ќадим эрониён ва мамолики дигари машриќзамин, аз ќабили Афѓонистон, Тољикистон, Њиндустону Покистон дар як
замон-дањуми бањманмоњ (2930 январ) љашн меороянд. Боиси ифтихору хушнудист, ки ин се љашн (Мењргон, Наврўз ва Сада), бо вуљуди њамлаву торољи аљнабиён, њарчанд баргузорињояш аз байн мерафт, вале то ба имрўз моњияти худро дигар накард. Љашни Сада дастархони ба худ хосе дошт, ки дар атрофи он нишаста, маљлиси раќсу бозиро оѓоз мекарданд, иљрои оњангњои ихтироъкардаи Борбаду Накисо, овозхонї ва бадењагўї то бомдоди рўзи дигар идома меёфт. Рўзи дигар шоњону мулукон ба пазирої менишастанд ва маљлис ба мусобиќаи шоиро-
дид. Омад, эй сайди ањрор, шаби љашни Сада, Шаби љашни Садаро њурмати бисёр бувад. Барафрўз оташи Бурзин, ки дар ин моњ басе, Озари Бурзин пайѓамбари озор бувад. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар баробари самтњои гуногуни рўзгори мардум, ба зиндаву љовид кардани кешу оин ва ёдгорињои аздастрафтаи мардуми тољик рў овардан ба насли худ, ба кону гањвари худ
ну мадењагўён табдил меёфт. Барои гузаронидани ин љашн љойњои махсус пешбинї шуда буд ва мардум дар он замон тибќи анъана љамъ меомаданд. Дар љамъомадњои идона шаробу ширинї ва мевањои зиёде рўи хони љашнї чида мешуд ва аз аввали ѓуруби Офтоб оташро равшан мекарданд. Шоирон ашъори худро мехонданд, навозандагон сурудњои суннатии худро тараннум мекарданд. Фазои хуши озодонаю идона дар љамъомад њукмфармо мегар-
корњои беандоза зиёд карданд ва ба бахти мардуми тољик, шодии рўњу равони гузаштагони мо, ин корњо беш аз пеш дар тобишу такон ва рангу рўи тоза љилвагар аст. Сада оини халќи тољдор аст, Зи насли ориёї бар мо ёдгор аст… Ки то тољик бошад дар љањон шод, Сада чун чархи гардон пойдор аст.
МУЛОЌОТИ НАМОЯНДАГОНИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌ БО КОРМАНДОНИ ДОНИШГОЊ Дар маљлисгоњи фарњангии Донишгоњи давлатии шањри Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоќоти намояндагони маќомоти њифзи њуќуќи вилоят бо роњбарон ва кормандони донишгоњ баргузор гардид. Дар вохўрї Муњаммад Шодиён, ректори Донишгоњи давлатии шањри Бохтар ба номи Носири Хусрав, ќайд намуд, ки коррупсия яке аз зуњуроти хавфноки љомеа буда, дар миќёси љањонї њамчун љинояти вазнин ва яке аз унсурњои тањдидкунанда ба амнияти миллї, халалдоркунандаи рушду суботи иљтимоию иќтисодии давлат эътироф гардидааст. Аз ин лињоз муборизаи дастљамъона алайњи ин зуњуроти љомеа кори њамагон буда мебошад. - Дар Љумњурии Тољикистон барои пешгирї ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи ќонунї-њуќуќї сохта шуда, он бо суръати тез мукаммал мегардад, - зикр намуд Эмомалї Набиев, омўзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав. - Манбаи асосии ќонунгузории зиддикоррупсионї Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мебошад, ки меъёрњои бевосита ба пешгирии коррупсия нигаронидашуда дорад. Санадњои меъёрї-њуќуќии махсус ба масъалањои пешгирї ва мубориза бар зидди корруп-
Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
САДА ОИНИ ХАЛЌИ ТОЉДОР АСТ
Эмомалї РАЊМОН Доир ба љашни Сада дар сарчашмањои таърихї наќлу ривоятњо зиёданд ва онњо аз замонњои ќадим, њатто аз даврањои Каюмарсу Исфандиёр, ки яке аз аввалин кадхудои љањон ва дигар ќањрамони достони «Шоњнома»-и Абулќосим Фирдавсї мебошанд, роиљ будани ин иди суннатии ниёгони ориёии моро ќайд кардаанд. Дар ќиссањои адабию таърихии Пешдодиён, ки бештар тарзи баёни ривоятї доранд, аз забони Фирдавсї наќл шуда, ки рўзе Њушанг бо сад нафар мулозимонаш барои саёњат ба доманаи кўњи Истахр рафт. Ногоњ Њушанг мори азимљуссаеро бо чашмони хуношому оташиндандон дид, ки ба самти онњо мехазид. Сангеро ба сўйи мор партоб кард ва он ба санги дигари бузург бархўрда, шарораи њосил аз бархўрди ин сангњо ба хасу хошок афтод ва мори азимљусса бисўхт. Ин њодисаро Њаким Фирдавсї чунин ишора кардааст: Баромад зи санги гарон санги хурд… Фуруѓе падид омад аз њарду санг, Бигуфто: Фурўѓест ин эзадї, Парастид бояд агар бихрадї. Яке љашн кард он шабу бода х(в)ард, Сада номи он љашни фархунда кард. Зи Њушанг монд ин сада ёдгор, Басе бод чун ў дигар шањриёр. Њушанг аз шарора афкан-
Сипас, иштирокчиёни вохўрї ба коршиносон суолњо дода, посухњои ќаноатбахш гирифтанд. Баъд аз вохўрї мењмонон аз нуќтаи љойгиршавии њавзаи интихоботии якмандатии "Кўшониён 27" ва участкањои интихоботии Маљлиси вакилони вилоятї ва ноњиявї дидан намуда, оид ба корњои анљомдода ва норасоињо фикру мулоњизањои худро баён доштанд. Ба масъулин бањри камбудињо тавсия доданд.
сия бахшидашудаи Љумњурии Тољикистон, ба монанди Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи чорањои иловагии пурзўр кардани мубориза бо љинояткорї дар соњаи иќтисодиёт ва коррупсия», Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъсис додани Агентии мубориза бар зидди коррупсия ва љиноятњои иќтисодии назди Президенти Љумњурии Тољикистон” ќабул карда шудааст. Нозим Каримов, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, зикр намуд, ки майли мољарољўї ё шомилшавии баъзе љавонписарони тољик ба гурўњњои ифротї боиси нигаронии Сардори давлату Њукумати
љумњурї гардидааст. Зуњуроти дањшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран тањти шиорњои диниву мазњабї сурат мегирад, баръакс, аз љониби душманони ин дини муќаддас роњандозї шуда, аз вањшонияти асримиёнагии террористї, пеш аз њама, кишварњои исломї ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. - Аз љониби маќомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон 140 нафарро бо гумони узвият дар созмони мамнўи «Ихвон –улмуслим» дастгир карданд, ки аз ин шумора 40 нафарашон ба њайси омўзгор дар Љумњурии Тољикистон фаъолият доштанд, - афзуд Нозим Каримов. - Њангоми баррасї муайян гардид, ки 55 нафари онњо сокинони вилояти Хатлон мебошанд. Аз ин шумора як нафар - Исматулло Шеров, донишљўи
курси 4-уми факултети таърих ва њуќуќи ДДБ ба номи Носири Хусрав дастгир карда шудааст. Нозим Каримов аз кулли омўзгорон даъват ба амал овард, ки барои аз байн бурдани ин вабои аср сањмгузор бошанд ва бањри ободии ватани хеш ќадамњои устувор гузоранд. Зеро давлат танњо бо неруи ќавии зењнї, идеяи миллї ва афроди пешоњанг, яъне, равшанфикрон, донишмандон ва љавонони тањсилдидаю навовараш рушд мекунад. Барои комёб шудан ба рушди устувор, албатта, тањкими ѓояи миллї ва идеологияи давлатї муњим аст. Њамчунин, дар љамъомад зикр шуд, ки аз љониби маќомоти њифзи њуќуќ кормандони ДДБ ба номи Носири Хусрав Мањмадятим Гулов бо 8 њазор сомонї, Олима Њакимова
бо 5 њазор сомонї ва дар санаи 6-уми январи соли 2020 Рањматулло Аминов бо 5 њазор сомонї бо пора дастгир карда шудаанд. Парвиз Одинамањмадзода, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон дар мавзўи «Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 20132020» баромад намуда, аз љумла афзуд, ки марому маќсади нињоии ин њуљљат паст кардани сатњи коррупсия дар Љумњурии Тољикистон, мунтазам бартараф намудани монеањо, љињати рушди иќтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идоракунии давлатї, баланд бардоштани некуањволии мардум ва иљрои дигар њадафњои Стратегияи миллии рушд дар кишвар мебошад. Асомиддин Њамзазода, дар ин вохурї иттилоъ дод, ки ба назорати иљрои ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» диќќати махсус дода, нисбати љинояти хусусияти террористию экстремисти дошта парвандаи љиноятї оѓоз карда шудааст. Њамчунин, зикр намуд, ки аз тарафи муфаттишони маќомоти прокуратура 23 парвандаи љиноятии характери коррупсиони дошта оѓоз гардида, ва тафтиш идома дорад. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
Аз таърихи инкишофи табиатшиносї бармеояд, ки дар њама давру замон ин соња яке аз воситањои асосии пешрафти љомеа ба њисоб меравад. Кашфиёти илмї ва татбиќи амалии онњо ба таќдиру сарнавишти инсон таъсири беандоза калон дорад.
МУЊИМИЯТИ ОМЎЗИШИ ИЛМЊОИ ТАБИАТШИНОСЇ, ДАЌИЌ ВА РИЁЗЇ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР Кашфи ќонунњои механика дар асри XVII, сохтани мошину механизмњо, кашфи мављњои электронї ва бунёди электротехника дар асри XIX, радиотехника ва радиоэлектроника, пешнињоди назарияи ядрои атом, кашфи асрори ирсият дар нимаи дуюми асри XX ва ин гуна мисолњоро бисёр овардан мумкин аст. Дар айни замон, инсони асри XXI ба илму техника ва ояндаи он на танњо бо њисси шавќу завќ ва эњтиром, балки бо тарсу њарос низ менигарад. Мегўянд, ки илм ба инсон на танњо хайру манфиат, балки бадбахтиву мусибат низ меоварад ва ин суханон асос њам дорад. Мафњуми илмро тањлил намуда, профессор А.В. Малко ќайд менамояд, ки дар зери мафњуми мазкур фаъолият оид ба омўзиши донишњои нав ва њамчунин, натиљаи ин фаъолият, низоми донишњои дар њамин лањза ба дастомада фањмида мешавад. Илм кўшиш менамояд маълумоти навро ба даст оварад, аќидањоро пешкаш намояд. Аз ин лињоз илм чун ќуввае баромад менамояд, ки дигар намуди фаъолиятњоро таѓйир медињад. Инсон бояд њодисоти аслї, низоми тарзњо, усулњои истифода бурдани ин донишњоро дар амалияи љамъиятї пешкаш намояд, табиат ва љомеаи бавуљудояндаро бифањмад ва онро шарњ дињад. Дар ин роњ инкишофи аќлии инсон, яъне ривољёбии шуури ў мавќеи хоса пайдо карда, бо дарккунии ин њодисањо донишњояш ривољ меёбанд ва он ба пайдошавї ва ривољёбии гурўњи илмњои алоњидаи иљтимої оварда мерасонад. Илмњои мављударо метавон
ба ду гурўњ људо кард: -Илмњои табиатшиносї (даќиќ – физика, химия, геология ва ѓайра). -Илмњои љамъиятшиносї (гуманитарї - фалсафа, сиёсатшиносї, њуќуќшиносї ва ѓайра). Ќонунњои табиї, ки дар табиат новобаста аз ирода ва шуури одамон вуљуд доранд, мавзўи омўзиши чунин илмњо, ба монанди математика, геометрия, физика, химия, астрономия ва ѓайра мањсуб меёбанд. Хусусан, њамаи илмњои дар љомеа вуљуддошта хос мебошанд, зеро ба воситаи матлаб њар як илм њодисањои иљтимоиро тањлил менамояд ва ба он љавобашро љустуљў менамояд. Њамаи илмњои мављуда дар доираи муаммоњои дохилии худ омўзиши онњоро ба роњ мемонанд ва аз тарафи дигар «ба вазифаи ин соњаи илм дохил мешавад». Дар љараёни инкишофи љомеа муаммоњои нави њаётї ба миён меоянд, ки вобаста аз муносибати муайяни љамъиятї ба яке аз соњањои илм марбут буда, њалли минбаъдаи худро чун мавзўи бањси њамон соњаи илм дар худ мегирад. Аз тарафи дигар, агар ба таърихи зиёда аз 2 њазору 500-солаи табиатшиносї назар андозем, дида мешавад, ки ин соња хусусан, дар се садсолаи охир бо суръати бенињоят баланд инкишоф ёфтааст. Дар ин муддат, дар соњаи физика аз тасаввуроти олимони Юнони ќадим то манзараи квантию релятивии микро, дар соњаи химия аз тасаввуроти кимиёгарони асримиёнагї то химияи квантї ва дар соњаи омўзиши табиати зинда аз биологияи тасвирї то биологияи молекулавию генетикї роњ паймуда шуд.
Дар ибтидои асри XXI табиатшиносї ба марњилаи нави инкишофи худ дохил гардид, ки дар он шаклњои системавї ва байнисоњавии тадќиќоти илмї ба мадди аввал мебароянд. Тадќиќоти байнисоњавии муосир системањоеро мавриди омўзиш ќарор медињад, ки характери кушода, ѓайрихаттї, ѓайримувозинатї ва худташкилёбанда доранд. Дифференсиатсияи илм ба он меоварад, ки донишњо оид ба табиат аниќтар ва чуќуртар мешаванд. Њамин тавр, дар натиљаи дифференсиатсияи донишњо илми ягона ба маљмўи соњањои мањдуду људогонаи тадќиќот табдил меёбад. Дар натиља, олимон мавќеъ ва моњияти кори хешро дар омўзиши олами ягона, яклухт ва объективї замина мегузоранд. Хулоса, илм яке аз шохањои фарњанги инсоният буда, ба рушду инкишофи љамъият вобастагии зич дорад. Мушкилоту ихтилофи вазъи имрўза гувоњи он аст, ки илму дониш, дар њаќиќат, ба зуњуроти проблемањои экологї ва масъалањои дигари њалталаби замон сабабгор аст. Дар айни замон, њалли ин проблемањо бидуни илм ва инкишофи минбаъдаи он ѓайриимкон аст. Аз ин рў, наќши илм дар љомеаи инсонї рўз аз рўз меафзояд ва дониставу надониста паст задани маќоми илм дар љамъият ба оќибатњои нохуш хоњад овард. Некќадам МИРЗОЕВ, омўзгори кафедраи њуќуќ ва муносибатњои байналмилалии Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї
ДАР МЕЊМОНИИ «АРМУЃОНИ СУЛЊ» Дар толори фарњангии Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњ Рўдакї мизи мудаввар дар мавзўи «Биё, то љањонро ба бад наспарем» бо иштироки аъзои Ташкилоти љамъиятии «Армуѓони сулњ» ва њайати устодон ва донишљўён баргузор гардид. Шоири шинохта ва вањдатсаро, сарвари Ташкилоти љамъиятии «Армуѓони сулњ» Хосият Вализода мањфилро бо байти зерин ифтитоњ бахшид: Кабўтар дар њаво, оњу ба сањро сулњ мехоњад, Зи мурѓи хона то оњуи сањро сулњ мехоњад. Нотиќ ќайд намуд, ки имрўз њамаи мо барои амалї ва таќвият бахшидан ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љамъ омадем ва умедворам, ки иќдоми неки пешгирифтаи Сарвари давлатамон - яъне «Сулњ хостан» бояд шиори њар як фарди тољик бошад. Тољикистонро обод гардонем, зеро танњо ба њамин васила абадияти сулњ дар ин сарзамин пойдор мемонад ва мо танњо дар он сурат метавонем миллати тавоно бошем, ки Ватанамонро аз сидќи дил дўст дорем. Ба ќавли Х. Вализода, маќсад ва њадафи асосии ташкилот низ аз бедор намудани њисси миллї, худшиносиву худоогоњии љавонон, мусоидат ба тањкими сулњ, созиш ва вањдати миллї, башардўстї, кумак дар њалли барномањои иљтимоии Тољикистон, тавассути илму фарњанг ва адабиёт, паст кардани шиддати аќоиди таасуббарангез, ифротгарої дар байни љавонон, мусоидат ба пешрафти маънавии насли наврас, сањмгузорї дар пешгирии омилњои хушунати хонаводагї, ба табъ расонидани асарњои шоирону нависандагони классик ва муосир, љалб намудани ашхоси воќеии ватанї ва хориљї ба корњои хайриявї иборат буда, пайгирии он яке аз масъалањои муњим дар љомеи мо мебошад. Сипас, ноиби ректор оид ба робита ба љомеа Зафар Мирзоён сухан карда, чунин изњор дошт: «Пеш аз њама, мо сулњљўйиро бояд аз Сарвари давлатамон биомўзем, зеро дар душвортарин лањза сулњро нигоњ дошта тавонистанд ва ба он асос гузоштанд, ки ин кори сањлу осон нест. Њамаи мо мусулмон њастем, аммо дар мадди аввал мо тољикем, аз фарњанги миллии худ набояд дурї љўем, баръакс ифтихор намоем, ки миллати соњибтамаддун ва дар илму дониш пешрафта будем. Мо бояд худро худ нобуд на-
созем. Ва ин таќлидкорињое, ки худро ба арабу турк монанд мекунем, имрўз дар љомеаи мо чун «вабои аср» ба назар мерасад, ки ин хатари аз байн бурдани миллат аст. Айни замон љањон дар як марњилаи нињоят њассос ќарор дорад. Имрўз сайтњои интернетии зиёде њастанд, ки љавононро ба ифротгарої бурда мерасонанд. Чаро мо натавонем пеши роњи ин гуна хилофатангезонро бигирем? Мо бояд конференсияњои зиёде дар сатњи љумњуриявї гузаронем ва љавононро ба маънию дарки сулњу вањдат ва ягонагї рањнамун созем. Барои њамин Пешвои миллат борњо дар суханронињояшон таъкид мекунанд, ки: «Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надињем». Терроризму экстремизм зери ниќоб ва сўистифода аз дини ислом карда, маќсадњои ѓаразноки худро амалї месозанд. Дар ин росто, њушёрии миллат зарурист. Ташкилоти љамъиятии «Армуѓони сулњ» ва вазифаи асосии он таблиѓ намудани сулњу вањдат аст, ки љамъиятро ба роњи дуруст њидоят менамояд». Дар рафти чорабинї аъзои фаъоли ташкилоти мазкур Шоири халќии Тољикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоњ Рўдакї, устод Њаќназар Ѓоиб, узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон Лутфи Хомўш, ноиби ректор оид ба муносибатњои байналмилалї Шарофат Худойдодова, узви Њизби халќии демократии Тољикистон Саъбагул Валиева, сарояндаи мумтоз Тобиш Њилолї, шоир, барандаи љоизаи адабии ИНТ «Падида» ба номи Боќї Рањимзода Њуснигул Рањимзода ва дигарон дар атрофи сулњу вањдат ва доир ба бурду бохти миллати тољик изњори андеша намуданд. Ташкилкунандаи ин чорабинї, узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон Хосият Вализода барои сањми арзанда гузоштан дар мусоидат ба тањкими сулњ, Вањдати миллї ва тарбияи љавонон дар рўњияи ватандўстї ва хештаншиносии миллї аъзои фаъолро бо Сипосномаи Ташкилоти љамъиятии «Армуѓони сулњ» ќадрдонї намуд. Дар љамъбасти чорабинї Тобиш Њилолї бо ѓурури баланду ифтихори миллї сурудњои ватанпарваронаи хешро манзури ањли толор намуд. Бахтиёр САФАРОВ, Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
КИТОБХОНАЊОИ САРИ ХОСОР Миллати тољик аз ќадим халќи бофарњангу китобдор буд ва ин анъана аз насл ба насл гузашта, то даврони мо омада расидааст. Дар солњои соњибистиќлолии Тољикистон бошад, ба масъалаи китобхонањо ва китобдорї ањамияти бештар зоњир мегардад. Дар маркази љамоати дењоти «Сари Хосор» китобхона фаъолият дорад, ки сокинон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд. Китобхона дорои беш аз 4600 нусха адабиётњои гуногун мебошад. Љиѓагул Азизова хонандаи
3
ХАТЛОН
ЉУМЪА, 17 январи соли 2020, №6 (3242)
фаъоли китобхона буда, ба озмуни Љумњуриявии «Фуруѓи субњи доної...» омодагї мегирад. Ў то имрўз адабиёти зиёдеро мутолиа кардаасту мехоњад дониши хешро васеъ намуда, дар ин озмун сазовори љои ифтихорї гардад. Дар Паёми навбатии хеш Президенти мамлакат нисбати ташкили китобхонањо дар ташкилоту корхона ва муассисањо дастур додаанд. Вобаста ба ин дар дењаи дурдасти Мулоконї, дар бинои муассисаи таълимї директори мактаб Идрис Наъимзода китобхона ташкил
намудааст. Дар ин китобхона беш аз 500 адад асарњои адабиёти бачагона, бадеї ва сиёсї љамъ оварда шудааст. Аксари хонандагони муассиса таътили зимистонаро дар ин китобхона гузарониданд. Ба гуфти раиси љамоати дењоти “Сари Хосор” Њасан Иброњимзода њамин гуна китобхонањо дар њамаи дењањо ташкил карда мешавад, то сокинон ба китоб дастрасї дошта бошанд. Ш. САФАРЗОДА
Боѓи ботаникии шањри Кўлоб дар баландии 630-647 метр аз сатњи бањр љойгир буда, масоњаташ 18 гектар мебошад. Боѓи номбурда узви Иттињодияи байналмилалии боѓњои ботаникї оид ба њифзи растанї (BGCI-Botanic Gardens Conservation International) гардид, ки дар Тољикистон ягона боѓи ботаникии узви ин Иттињод мебошад. Мариё Бобоев, доктори илмњои биологї директори Боѓи ботаникии шањри Кўлоб, ба хабарнигорон иброз намуд, ки тавассути узвият боѓњои ботаникї метавонанд барои гузаштан аз аккредитатсия ба Иттињодия мурољиат намоянд. Инчунин, муассисањои аъзо метавонанд доир ба дигар боѓњои ботаникии дунё маълумоти пурра ба даст оранд ва аз кору фаъолияти онњо бохабар бошанд. Барои аъзои Иттињодия, имкон аст, ки аз махзани маълумотњои љустуљўи дарахтони љањонї (Global Tree Search), тањдиди растанињо (Threat Search) ва олами наботот (Plant Search) дастрасї пайдо кунанд. Њоло беш аз 800 боѓи ботаникии 118 давлати љањон узви он мебошанд. Бино ба маълумоти манбаъ, соли 1987 бо дастгирии Иттињоди байналмилалии њифзи табиат (IUCN) Иттињодияи байналмилалии боѓњои ботаникї оид ба њифзи растанињо њамчун як котиботи хурд барои муттањид намудани боѓњои ботаникї ва дигар ташкилотњо ба шабакаи глобалї бо маќсади њифзи гуногунии намудњои олами наботот таъсис дода шудааст. Ёдовар мешавем, ки Боѓи ботаникии шањри Кўлоб соли 1985 бо ташаббуси муштараки Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва Њукумати мањаллии шањри Кўлоб таъсис ёфт. Ин боѓ дар љануби Тољикистон љойгир буда, аввалин муассисаи илмї-академї аст ва дар рушди боѓи ботаникї олим, шодравон Тилло Бобоев сањми беандоза гузоштааст. Вазифањои асосии он, чун дигар боѓњои ботаникї, љустуљўи роњњои гуногуни мутобиќгардонии дарахтон, буттањо,
БОЃИ БОТАНИКЇ УЗВИ ИТТИЊОДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОЃЊОИ БОТАНИКЇ ОИД БА ЊИФЗИ РАСТАНЇ ШУД
гулњо, растанињои шифобахш ва хўрокї дар минтаќа мебошад. Аз минтаќањои гуногун дастрас кардан, овардан, коштани тухмњои набототи ќитъањои гуногун ва омухтани хусусиятњои био-экологї ва мутобиќшавии онњо дар муњити нав; омўзиши њаматарафаи хусусиятњои биологї ва экологии намудњои набототи љамъовардашуда; дар
ќитъањои љуѓрофї ба тартиби муайян љойгир кардани намудњои гирдоварда; муњофизати набототи мањаллие, ки ба онњо нестшавї тањдид мекунад ва аз сари нав пањн кардани онњо дар манотиќи табиї; омўзиши тарзу усулњои боѓикунонии набототи худрўйи фоидаовар, аз ќабили зира, субинак, љамбилак, ќараќорт, зелол ва ѓайра; зиёд кардан ва тавсия намудани дарахтон, буттањо ва гулњои нодир, аз вазифањои асосии кормандони боѓ ба њисоб меравад. - Солњои охир кормандони боѓи ботаникї якчанд мавзеи Тољикистони Љанубиро мавриди омўзиш ќарор дода, зиёда аз 200 намуди растанињои мањаллиро љамъоварї намуданд, - зикр намуд Мариё Бобоев, директори Боѓи ботаникии шањри Кўлоб. - Аз ин шумора 42 намуд дар «Китоби сурх”-и Тољикистон ва «Китоби сурх”-и Осиёи Миёна ќайд гардидаанд. Боѓ њамчун озмоишгоњи илмї барои устодон ва донишљўёни Донишгоњи давлатии Кўлоб, филиали Донишгоњи технологии Тољикистон ва коллељњои тиббї ва омўзгорї хизмат менамояд. Дар ин љо донишљўён ба пањлуњои гуногуни њаёти набототи мамлакат ва дигар манотиќи хориљї шинос шуда, бевосита мушоњида ва тадќиќоти илмии биологї, экологї бурда, хусусиятњои мутобиќшавии набототро ошкор менамоянд.
РОЊЊО БУНЁДУ НАВСОЗЇ МЕШАВАНД Ба истиќболи сазовори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Темурмалик корњои ободонию созандагї идома доранд. Аз љумла, бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва сањми соњибкорони мањаллї корњои тахту њамворкунии роњњо дар мањаллаи навбунёди 20-солагии Истиќолияти љамоати шањраки “Совет” ба анљом расида, мумфаршкунии он оѓоз гардидааст. Мумфаршкунии роњњо бо сањми соњибкорони ватанї дар Љамоати дењоти “Танобчї”-и ноњия низ бомаром идома дорад. Дар љамоати мазкур мумфаршкунии роњњоро Муасссисаи давлатии нигоњдории роњњои ноњия ба уњда дорад. Роњњои мањаллаи мазкур љавобгў ба та-
лаботи имрўза мумфарш гардида, зимни бунёди онњо ќоидањои роњсозї пурра риоя мегарданд. Айни замон дар ин мањаллаи навбунёд беш аз 150 оила зиндагї мекунанд ва давоми ду соли оянда хонањои истиќоматї ба 350 адад мерасанд. Бино ба иттилои сардори муассиса Њусейн Саидзода, дар ноњия аз љониби соњибкорон корхонаи асфалтбарорї сохта ба истифода дода шудааст, ки он кори роњсозони ноњияро осон мегардонад. Бо истифода аз имконияти мављуда дар Љамоати дењоти “Танобчї” ќисмати зиёди роњњои байни дењањо ва маркази љамоат сангфаршу мумфарш карда шудаанд. Њамчунин аз љониби соњибкорони мањаллї сохтмони њуљрањои иловагї барои бунгоњи тиббї ва маркази саломатї идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба истифода додани ин муассисањои тандурустї ба беш аз 3 њазор ањолї хизмати тиббї расонида мешавад. Дар корњои сохтмонї сокинони љамоат сањм мегузоранд. Соњибкори мањаллї Зикрулло Ќурбонов дар маркази љамоати мазкур 70 фоизи корњои сохтмонии бинои боѓчаи бачагонаро барои 60 кўдак анљом додааст. Боѓчаи мазкур дар арафаи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мавриди истифода ќарор мегирад. Дар ноњия бахшида ба ин љашни фархунда аз љониби дигар корхонаю ташкилот, муассисањои тандурустию фарњанг ва маориф корњои ободонї идома доранд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
ВАРЗИШГАРИ ТОЉИК ЃОЛИБИ МУСОБИЌАИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ ШУД
Варзишгари касбии тољик, муќими Федератсияи Россия, Бењрўз Ќурбонов дар сабќати муштзании намуди ММА (муњорибаи омехта) дар мусобиќи байналмилалї дар шањри Москва ба пањлавони Љумњурии Ќазоќистон Арман Сапаров ѓолиб омада, соњиби љойи аввал гардид. Бењрўз Ќурбонов дар ин
сабќат дар вазни 84 килограмм ќувваозмої намуда, бар њамаи њарифонаш ѓолиб омада, њуќуќи иштирок кардан дар дигар сабќатњои саросарии Россияро ба даст овард. Ќурбонов Бењрўз Шерафганович 21-уми сентябри соли 1986 дар дењаи Офтоблиќои ноњияи Кўлоб ба дунё омадааст. Ў аз синни хурдсолї ба варзиш шавќу њаваси беандоза дошт. Падараш Шерафган Ќурбонов, ки худ муаллими варзиш буд, лаёќати Бењрўзро эњсос карда, ўро пайваста ба тамрини гўштин њидоят мекард. Бењрўз баъди хатми мактаби дења ба муњољирати мењнатї рафта, дар Федератсияи Россия низ ваќтњои берун аз кор дар толори «ШАНС», ки
роњбараш бародарон Василий ва Виктор Сергеевич буданд, 4 сол ба варзиши намуди бокс машѓул мешавад. Аз номи тими њамин толори варзишї дар чандин мусобиќањо иштирок карда, соњиби медалу ифтихорномањо гардидааст. Дар яке аз мусобиќањо, ки ба хотири ёддошти муштзани бењтарини рус Капитанов барпо шуда буд, иштирок карда, дар вазни 77 килограмм соњиби љойи аввал шуд. Баъд аз ин ба толори варзишии Александр Котов даъват менамоянд. Дар ин љо муддати якуним сол аз намуди варзиши ММА машќ мекунад. Сипас, дар толори варзишии Акбар (Акбарљон Ќурбонов
- шањрванди Тољикистон), ки дар шањри Москва воќеъ аст, тамрин менамояд. Мураббиёни варзишии ў Зоир Пиров, Шуњрат Њакимов, Солењ Њасанов мебошанд, ки аз соли 2015 инљониб ўро дар мусобиќањо дастгирї мекунанд. Дар мусобиќаи байналмилалї, ки дар шањри Падолск 13 июли соли 2019 баргузор гардида буд, ў дар вазни 84 килограмм љойи якумро ба даст оварда, соњиби љоизаи мусобиќа гардид. Дар охири моњи декабри соли 2019 мусобиќаи муњорибавии «Кализей 7» байни ташкилотњои варзишии байналмилалї, ки дар шањри Москва баргузор гардид, Бењрўз Ќурбонов дар вазни 84 килограмм дар ММА сабќат карда, љойи аввал ва соњиби камарбанди мусобиќа гардида, унвони чемпиониро соњиб шуд. Б. САФАРОВ
Бењтарин иштирокчии озмуни «Фурўѓи субњи доної...»
РОЊИ САФЕД, САФЕДА Рўзи аввали соли хониш. Ваќте духтараки гандумгуни миёнаќад бори аввал ба синфхона ворид шуд, аз њаяљон намедонист, ки дар курсии кадом ќатор нишинад. Муаллими синфи якум Дилрабо Мирзоева ба ќадду басти шогирди нави худ нигоњ карда, ўро дар курсии ќатори пеш нишонд. Њамин тавр, тањти таълиму тарбияи ин муаллими пуртаљрибаву мењрубон Сафедаи хурдсол њарфи аввалу њусни хатро азбар кард. Бо мурури рўзу моњњо Сафеда бо шарофати устоди ѓамхору модари хирадмандаш Нодира Раљабова, ки омўзгори фанни забони русї аст, дар баробари хониши аълову рафтори намунавї ба мутолиаи адабиёти бадеї шавќу мароќи зиёд пайдо кард. Ба синну соли худ нигоњ накарда, лањзае њаёти кўдакии худро бемашѓулияти муфид намегузаронд. Фориѓ аз дарси мактаб ба мутолиаи афсонаву њикоя ва очерку шеърњои бачагона машѓул шуда, ќиссаву порчањои назмии азбарнамудаашро барои хоњаронаш ќироат мекард. Лањзаи гуфтугўњои телефонї барои падараш, ки дар муњољирати корї дар Россия аст, шеърњои азёд намудаашро бо мањорати баланд ќироат мекард. Натиљаи зањмати устодону дастгирии волидайн дар
тарбияи ин ѓунчаи ояндаи илму адаб буд, ки 24-уми ноябри соли 2019-ум Сафеда Раљабова дар ќатори бењтарин иштирокчиёни озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» муаррифї гардид. Воќеан, ба даври љумњуриявї роњхат гирифтани ин истеъдоди нодири зодаи ноњияи Ќубодиён боиси ифтихору сарфарозии кулли сокинони ноњия мебошад. Сафеда дар њама даврњои озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» дар ќатори бењтаринњо дониста шуда, сазовори ифтихорномањои раисони ноњияву вилояти Хатлон гардида, бо туњфањои пулию молї ќадрдонї шудааст. Дар даври љумњуриявии озмуни мазкур, ки моњи декабри соли гузашта дар Китобхонаи миллии Тољикистон баргузор шуд, Сафеда Раљабова бо Дипломи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Сипосномаи Китобхонаи миллии Тољикистон ќадрдонї карда шуд. Дар њаќиќат, барои ноил гардидани як толибилми хурдсол ба чунин комёбињои бузург дар баробари зањмати устодону модараш шавќу завќи бепоёни худи ў ба донишандўзї низ мусоидат намудааст. Ба азми расидан ба дастоварду комёбињои
баландтар саъю кўшиш намуда, назди худ маќсад гузоштааст, ки илова ба тањсилоти аъло ба мутолиаи адабиёти бадеї бештар шуѓл варзида, дар оянда омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик шавад. Сафеда Раљабова то ин дам зиёда аз 200 адад китобњои бадеиро мутолиа карда, 75 афсонаву ќиссањои гуногунро азбар намудааст. Тавре зимни суњбат бо сарвари МТМУ №19и ноњияи Ќубодиён Улфатхон Абдурањимова ва омўзгори фанни забон ва адабиёти ин муассиса Љамолиддин Мусофиров маълумамон гардид, онњо аз ин парвардаи умедбахши мактаби худ интизорињои зиёд доранд. «Дастоварди бузурги Сафеда дар озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» шавќу раѓбати њамсолону дигар хонандагони муассисаро ба илму донишандўзї бештар намудааст. Боварии комил дорем, ки дар оянда дигар шогирдони мо низ дар озмуну олимпиадањои вилоятию љумњуриявї фаъолона ширкат варзида, номбардори мактабу ноњияи худ мегарданд», - бо камоли ифтихор изњор медоранд омўзгорони МТМУ №19-и ноњияи Ќубодиён. Давлатбек ШАРИФОВ, ноњияи Ќубодиён
4
ХАТЛОН
Ѓазали љовидона К. ХУЉАНДЇ
Гуфтам: Малакї ё башарї? Гуфт, ки њар ду, Кони намакї ё шакарї? Гуфт, ки њар ду. Гуфтам: ба латофат гулї, эй сарви ќабопўш, Ё найшакаре дар камарї? Гуфт, ки њар ду. Гуфтам: Ба лаби лаълу хатти сабзи равонбахш, Оби Хизирї ё Хазарї? Гуфт, ки њар ду. Гуфтам: Ба љабине, ки ба он рўй тавон дид, Ё оинаи ё ќамарї? Гуфт, ки њар ду. Гуфтам, ки ба як ишва рабої зи сарам аќл, Ё њуши ман аз тан бибарї? Гуфт, ки њар ду. Гуфтам: Дили мой, ки надонам, ки куљої, Ё дидаи ањли назарї ? Гуфт, ки њар ду. Гуфтам: зи Камолї ту чунин бехабару бас, Ё худ зи љањон бехабарї? Гуфт, ки њар ду.
Шеъри рўз
ШОИРИ ОЗОДАВУ ОЗОДАГЎ (Эњдо ба барандаи мукофоти њавзаи адабии порситаборон «Килки заррин» Озар)
Озари мо шоир асту, Шоири мо Озар аст. Њар кас ин маънї бифањмад, Ин «дил»-и мо Озар аст.* Пайрави шеъру ѓазал, Дар сабки Нимо Озар аст. Шоири озодаву озодагў, Садри сухан низ Озар аст. Њомии шеъру сухан њам, Дар марзи Хутал Озар аст. Шоири њам орифу обид низ, Дар ин Хуросон Озар аст! *Ишора ба байти машњури Муњаммад Иќболи Лоњурї: Шоир андар синаи миллат дил аст, Миллати бе шоир анбори гил аст. Варќаи ЗАЙНИДДИН Гўшаи кадбону
ХЎРИШИ «АНГУШТАРИИ ТИЛЛОЇ» Мањсулоти лозима барои 2 -3 нафар: Картошка 2 дона; Помидор 2 дона; Бодиринг 2 дона; Тухми дар об љўшонидашуда, яъне пухтагї 2-3 дона; Пиёз 1 дона (њаљман хурд). Каме кабудї. Тарзи тайёр намудан: Картошкаи тозакардашударо њаљман хурд ва дарозрўяи борик реза намуда, бо иловаи каме намак дар равѓан бирён мекунем. Бодирингро дар шакли чоркунља реза карда, ба лаълї мегузорем. Сипас, помидорро низ чоркунља реза карда болои бодиринг мегузорем ва каме намак мепошем. Тухмњоро пўст карда, чоркунља реза мекунем ва болои бодирингу помдор бо тартиб гузошта, каме кабудї мепошем. Пиёзро майда реза карда, барои рафъ намудани тезиаш онро дар об мешўем. Баъдан, ба болои дигар мањсулоти омодакарда мегузорем. Ќабати болоии хўришро бо картошкањои бирёнкарда оро медињем.
ШИРИНИИ «ИДОНА»:
Мањсулоти лозима: Барои хамираш: 500 гр маргарин; 8 дона тухм; 1 пачка моддаи ковоккунанда; Ним пиёла оби хунук; 1 - 1,5 стакан шакар; Орд.
Барои кремаш: 250 гр равѓани маска; 1,5 ќуттї ширќиёми љўшонидашуда. Инчунин, ба мо як стакан чормаѓз ва 2 пачка шоколади сиёњу сафед лозим мешавад . Тарзи тайёр намудан: Сафедии тухмро аз зардї људо мекунем. Аз маргарин, зардии тухм, шакар, об, моддаи ковоккунанда ва орд хамир мешурем. Хамирро ба 2 ќисм људо мекунем. Сафедињои тухмро бо як стакан шакар бо миксер то сахт шуданаш лат мезанем. Як ќисми хамирамонро гирифта ба лаълии тафдон тунук мекунем, ба болояш нисфи бизеи омодакардаамонро мемолем ва ба тафдон мегузорем. Онро дар њарорати 120-150 дараља то хушк шудани бизе нигоњ медорем. Њамин тавр, ќисми дигарашро њам пухта мегирем. Крем: равѓани маскаро бо ширќиёми пухташуда лат мезанем. Аз ширќиёми пухташуда барои ороиш ним ќуттиашро гирифта мемонем Як дона коржамонро мемонем, крем мемолем, чормаѓз мепошем, ќабати дуюмашро низ мегузорем, крем мемолем, бо корд ба ќисмњо мебурем, ба њар ќисми буридаамон шоколад гузошта бо ширќиём оро медињем. Тањияи ГЕСУ
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
ЉУМЪА, 17 январи соли 2020, №6 (3242)
Дарси зиндагї Оилае, ки дар борааш ќисса ме- ширин дода натавонистам, њаётатро ишќу ишќбозиамонро? лидайн издивољ кардем. Ба якдигар унс кунем, аз зумраи оилањои намунавї талх гардонидам. Бо мани мариз як - Маро назди бачањо изо надињед,- гирифтем, якдигарфањмї ва хушсуханї буда, пойдевори бахти зану шавњар аз соати хуш надорї. Тани дардманду шармида дањонашро бо остини курта моро рўз ба рўз хушбахт гардонд. Фаришќу муњаббат, садоќату вафодорї, хунчакон ва захмњои зардобгирифтапўшонда гуфт янгаи Идимоњ. зандонам, шуморо хононда, соњибкасб эњтироми якдигарї бунёд ёфта, самараи амро њатто табъи худам намебардорад. - Магар ишќу ошиќи айб аст? Њамин намудем. Оиладор њам шудед. Насињати хуб-фарзандони солењ, баору номус дод. Аммо мењри бузургат намегузорад, ки муњаббати покамон буд, ки оилаи со- ман ба шумо њамин, ки зинњор аз пайи Њаёти ширину рангин, зиндагии оила- ќалбат аз захмњои ман заррае вайрон лим ва 12 фарзанди накуфеъл дорем, ин нафс наравед, њатто мўреро озор вии бобои Мирзо (рўњаш шод бошад) шавад. Маро доимо тозаю љойхобро њама њосили ишќи поку вафо аст, -гўён надињед. Падару модар ва калонсолонро ва янгаи Идимоњ (сокинони ноњияи хушк нигоњ медорї. Намедонам љавоби падар ба ќиссаи зиндагии худ шурўъ азиз дореду зављаи худро эњтиром намоКўшониён) фарзандонро намуна гар- ин њама некињоятро чї тавр бармегаркард. ед. Оила бељанљол намешавад, албатта, дида, онњо пайрави волидон шуданд ва донида бошам, - гуфт мард ба зављааш - Љавонии ман хеле хуш гузаштааст. вале сари ќањр љавоби завља (талоќ)-ро бо ин амалњои нек дар зиндагї барака ва дар дидагони хастааш донањои ашки Ману модаратон дар як дења ба дунё надињед, ки ин амал оќибат пушаймонї ёфтанд. сўзон пайдо шуданд. омадаем. Њар сањар аз назди хонаи дорад. Дар ин лањзањо, барои ором Бобои Мирзо сари пирї ба дарди -Мардакљон, ин тавр нагўед, онњо, ки дар кўчаи дигар воќеъ буд, гу- кардани асаб, бењтараш ба коре, масаљонсўзу бедаво мубтало гашт. Дар бада- гунањгор мешавам. Ман зан њастам, як зашта ба кори сањро мерафтам. Чаш- лан, ба китобхонї ё нигоњубини гулњои наш хоришак пайдо шуд. Аз хоридану пораи ќалби шумоям. Аз ин рў, ќарзи мам ба њавлии калон меафтид ва дух- хонагї машѓул шавед. Бахт бахти авбо нохунњои даст кандан танаш хуншор худро назди шавњар иљро мекунам. Ба тари хушќадду ќомат ва паричењраро вал аст. Худ шоњидед, ки модаратон чї мешуду љароњат пайдо мекард ва аз он љуз вазифаи худ дигар ягон хубие намашѓули коре медидам. Орзуи бо ў бузургї нишон додааст. Бинобар ин, зардоб мечакид. Ў гўё дар оташ љаннат насибам гардад, онро ба месўхт ва аз хурду хоб њам монд. зављаам мебахшам... Азоб дошт, азоби шабонарўзї, Ќиссаи падарро омадани азоби сахту тўлонї. Њамин тавр, мењмон-хоњари янгаи Идимоњ 15 сол шабзиндадорї кард, 15 ќатъ намуд. Ў тўйхабар омасол азият кашид. Маѓзу устуда буд, духтарашро ба шавњар хонаш ба дард медаромад, њар мебаровардааст. Аммо янгаи лањза маргро интизор мешуд. Идимоњ узр пеш овард, ки ба Ба мурдан розї буд, то зану Зиндагї майдони озмоиш аст. Бахусус, барои љавонони имрўза. Зеро бисёр мушоњида мекунем, фарзандонро аз ташвиш озод на- ки аксарияташон ба зиндагии мустаќилона омода нестанд ва аз рўи њавою њавас оила барпо меку- тўй рафта наметавонад. Бобои мояд. Вале, ќасд кардагї барин, нанд. Ноустуворї дар оиладорї љавононро зуд аз якдигар дилсард намуда, онњо аз њам људо меша- Мирзо бошад: “Хуб намешавад, аљал ба ў наздик намешуд. Азоби ванд. Вале оилаи бомењру муњаббат барпоёфта солиму устувор мемонад... ба тўйи хоњарат њатман бирав, падар ќалби љигарбандонро решўро хафа макун”,-гўён хоњиши реш мекард, аммо онњо назди рафтани зављаашро намуд. дарди ќиблагоњ ољиз буданд. кардаам. Охир, ваќти оила барпо каршиносшавї оромам намегузошт. Вале -Шумо дар чунин њолат, оё ба дили Фарзандон њар боре, ки ба аёдаташ дан ањду паймонамон ин буд, ки дар ў, ба ќавле, духтари хонагї буд ва боре ман хурсандї меѓунљад? –посух дод зан. меомаданд, падар дарду азобашро дар танњоиву дармондагї, шодию њам аз њавлї берун намешуд. Як Соњиби тўй хафа шуда аз хонаи апааш худ фурў менишонд, њатто оње намека- хурсандї ва мусибату беморї ваќт маро сардори бригадаи баромада рафт. шид, то онњоро нороњат насозад. Танњо мутаккои якдигар бошем. пахтакорї таъйин намуМард аз зери болинаш китоберо гихудро сарзаниш карда мегуфт: “Бо ин Заношўї ѓамшарики данд. Њамон сол соли рифта, ба мутолиаи он шурўъ намуд. маризї шумо-фарзандонамро сарборї њамдигар будан аст,вазнин омад. Дар Фарзандон зуд пай бурданд, ки ба тўй шудаму азобро аз ман дида бештар ме- посух дод янгаи сањро њосил фаровон нарафтани модар падарро хафа кардакашед”. Аммо дар ин лањзањо аз таски- Идимоњ. рўид, аммо ќувваи аст. Одати падар чунин буд, ки ваќти ну дилбардорињои фарзандон дардаш Мўйсафед дар ќобили мењнат насабук намешуд. умри худ боре њам мерасид. Хавфи асабонї шудану ранљидан ба мутолиаи Занро чароѓи хонадону љаннати оби дида накарталафёбии њосил китоб ва ё нигоњубини гулњои хонагї мард мегўянд. Њамин тавр њам њаст. да буд. Акнун ба пешорў меистод. машѓул мешуд. Њар як амали неки падар барои фарЯгона дардошнои бобои Мирзо зављаи бузургї ва хизмати Њар соату рўзи зандон дарси зиндагї буд. Насињату азизу мењрубонаш-янгаи Идимоњ зан саљда овардаю офтобї ѓанимат буд. буд. Ў аз сари болини шавњари бемо- беихтиёр ашк мерехт. Барои љамъоварии андарзњояш онњоро рањнамо гашта, раш лањзае дур намешуд. 15 сол дарди Ў ќаноатмандона сар њосили пахта зару- ба роњи дурусти зиндагї њидояташон шавњарро дарди худ донист, баробараш ба болин нињод. Аз тирати сафарбарии ањли менамуд. Бо дуои падар сабзиданд, ранљ кашид, бедорхобї кард. Ба шавњар реза дуру дароз ба берун, љамоатчигї пеш омад. Ин соњибиззат гаштанд ва дар њаёт роњи хухўрок мехўронд, љойхобашро хушкон- ба боѓчаи бунёдкардааш бањонаи хубе буд, барои бо дро ёфтанд. да, либосњои дар хуну зардоб олудашу- чашм дўхт. Дар лабони хушкидаИдимоњ шинос шудан. ... Ин љо ќисса ба поён расида, аз даашро иваз менамуд, шабу нимашаб аш табассум њувайдо шуд. Сипас, рў - Аз пагоњ сар карда, аз њар як оила љавонон хоњиш менамоем, ки падару моба љароњатњояш малњам мемолид, замо- љониби фарзандон гардонида: “Сабзиш ду-се-нафарї ба љамъоварии пахта ба- дари худро дўст доранду эњтиромашон не беморро маљбуран сари пой хезонда, ва гулбандии дарахтон як кайфияти таромадан лозим, хуб мешуд, ки худат намоянд. Зеро онњо барои фарзанд рўи њавлї, ба њавои тоза мебаровард. крорнашаванда дораду ба кас њаловат њам ба сањро мебаромадї,- фањмонидам ѓаниматанд ва он ѓаниматро бояд азиШавњар мењрубонї ва ќалби бузурги мебахшад. Дарахт њам мисли фармаќсади омаданамро ба Идимоњ. зављаашро дида, шукронаи бахташро занд азиз аст. Инкишофу боровариаш - Хуб шудааст саркор-ака, лозим бо- зу эњтиёт кард. Дар оиладорї низ ба мекард, даст ба рў бурда дуои некаш соњибашро хурсанд менамояд”, гуфт ў шад аз пагоњ ба сањро мебароям,- гуф- зиндагии намунавии волидон пайравї мекард... ва хомўшона боз ба фикр рафт. тани духтарак ќалбамро рабуд. Ќарор карда, солимии онњоро таъмин созанд. Рўзи истироњатї. Фарзандон чун - Худро чї тавр њис карда истодаед?гум кардам, бо як нигоњ ошиќаш шу- Зани хуб њаёти мардро ширин ва марди њамешагї ба аёдати падар омаданд. Ў гуфтани зан мардро аз банди андеша дам. Шиносоии мо бо гузашти рўзњо мењрубон занро хушбахт месозад. Пас, биёед, чунин бошем... бисёр ранљур менамуд. Зан сари болини рањонд. ба муњаббати калон табдил ёфт. Рўзе аз шавњар нишаста, тимордорї мекард. - Аз њаррўза бењтар,-посух дод фурсати муносиб истифода карда, ба ў -Идимоњ, маро бубахш, ки ба чунин мард.-Ба фарзандонам менигараму ёди рози дил гуфтам, муњаббатамро ќабул С. АТТОР, њол гирифторат карда, ба ту зиндагии љавонии худро мекунам. Ёд дорї, занак, намуд. Нињоят, бо розигї ва дуои во«Хатлон»
АГАР ЉАННАТ НАСИБАМ ГАРДАД, ОНРО БА ЗАВЉААМ МЕБАХШАМ
Њикояњои тамсилї
УСТОДИ ЭЊТИЁТКОР ВА ШОГИРДИ НОСИПОС Овардаанд, ки дар ањди аввал паланг бо он њама њашамату зўроварї, бадхашмиву дарандаи хунхор буданаш, ки ин замон дорад, як љонвараки беозор, содалавњу ландањуре будааст. Аз сустиродагиву танбалї базўр ќути лоямути ањли оиларо ёфта, наслашро нигоњ медоштааст. Модинапаланг њар замон коњиш намуда, таъна мекардааст, ки бо ин љуссаву боњайбатї наметавонад, дар љангал мавќеи худро дошта бошад. Боре масъаларо кундалаг монда: Бо ин минвол зиндагї кардан нашояд оќибат аз села дур меафтем” гуфта, оби дида рехтааст ва мисол овардааст: -Шерро бин, худро шоњи тамоми њайвоноти љангал эълон карда, яккањукмрон гаштааст. -Гург чї, њаррўз сайдашро меёбад, аз ќафояш чандин шаѓол њам рўзгорашонро ба сомон медароранд. -На њамааш,- ѓур-ѓур кардаву аз як тараф ба тарафи дигар ѓел зада, ислоњ мекунад паланг модари фарзандонаш-
Гурба аз сањар боз гуруснагї мекашид. Зеро њамон рўз луќмае барои худ пайдо карда натавонист. Ноилољ рў ба сањро овард. Ќасд кардагї барин њаво гарм буду љонзоде наменамуд, ки аз пайи сайдаш шавад. Нохост мушеро дида, аз хурсандии зиёд дунболагираш кард. Муш њам аз талвосаи љон, чи зўре ки дар рамаќ дошт, кор фармуда гурехт. Лонаи муш дар наздикињо набуд. Барои њамин, њам худро ба њар тараф мезад, то паногоње ёбад.
ро.
-Бале, на њамааш, онњое, ки бењунар баромадаанд дигар гург нестанд. Аз шарм аз села људо гашта, аз љангал гурехта рафтаанд. Имрўз онњо њалќабаргўши одамонанд. Барои як бурда нон як гапи хуб шунаванд сад саќат ба сарашон мерезанд. Онњоро акнун саг меноманд. Дум ликонда барои пораи ноне хизмати мардум карда гаштаанд. Ё мехоњї зиндагии сагона дошта бошї? Аз ин суханони “занак” паланг хулоса мебарорад. Ба назди гурба, ки дар танњої мезисту бо чолокиву њушёриаш мушро аз сурохї, парандаро аз лонааш бо осонї шикор мекард, меояд. Дар байни селаи њайвоноти љангал мишмиш буд, ки гурба аслан аз гузаштагони дури палангњоянд. Аз бозе ки зоти паланг бешарафиро пеша карда ландањур гашта буданд, гурба инро ба худ айб њисобида, аз села танњо мезист. Зеро хуб медонист, ки аз дасти авлоди ноуњдабаро оќибат ба балое гирифтор мегардад.
Ташрифи палангро дида, гурба аз рамузаш мефањмид, ки дар дил чї аламе дорад. -Мехоњам он чи аз гузаштагон медонї, ёдам дињї, зиндагиро бењ кардан мехоњам,- хоњиш мекунад паланг. Гурба њам ба хотири хешу таборї тамоми њилаву найранг, эњёи бадхашмї, тундравї, шикор кардану луќма ба даст оварданро ба паланг ёд медињад. Дар андак муддат паланг дар љангал номї мегардад. Њама њайрон буданд, ки ин ландањур дар куљо обутоб ёфта, чунин зўру тавоно гаштааст. Ба њар њол аз ў эњтиёт мекарданд. Дар села эњтиромаш мекарданду зўру бозуяшро таъриф. Паланг аз таърифњо саргарм гардида, худ ба худ меандешад, ки агар донанд сабаќи шикорро аз гурба ёд гирифтаам, хандахариш мешавам. Ба њамин фикру андеша, ба маќсади нест кардан ба назди устодаш меояд. -Мехоњам донам, ки сабаќи дигаре мондааст наомўхта то маро дар оянда ба кор ояд?, - нописандона мепурсад па-
ЗАБОНДОНЇ Оќибат, дар њоле ки гурба анќариб дастгираш мекард, таги дарахте сурохї мебинаду худро ба он љо зад. Гурба њам сайди худро аз даст доданї набуд. Ба њамин хотир зери дарахт поида истод. Ваќти зиёд гузашт. Њарчанд љойи интихобкарда барои муш номувофиќ буд, вале сар берун намебаромад. Љонаш ширинї мекард.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Гурба бошад, њанўз мунтазир буд. Бо шиками гурусна куљо њам мерафт. Њамин замон чизе ба хотири гурба мерасад ва монанди саг аккос задан гирифт. Муш, ки аз ѓояти тангии љой дар азоб буд, овози сагро шунида хурсанд шуд. Чунки медонист, ки саг душмани ашадии гурба аст. Ба гумони он ки сагро
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Њангомаи ИСМАТ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ
ланг аз гурба. - Не, он ки медонистам, ба ту ёд додам, метавонї бетарсу њарос дар љангал шикор карда гардї, - љавоб медињад гурба, ки барваќт нияти бади шогирдашро пайхас карда буд. -Ин тавр, ки бошад, шикорро аз ту сар мекунам, - бо хашм меѓуррад паланг. -О, барои чї? Наход ба љойи некї бадї кунї. Ба хотири гузаштагон ин корро накун, - дар назар илтиљоомез мегўяд гурба. -Не, туро нест кардан даркор. Агар донанд, ки њама диловарию чолокиро аз ту омўхтаам, маро механданд,-гўён панља зада гурбаро доштанї мешавад паланг. Гурба, ки ба ин њамла тайёр буд, бо як чолокї ба дарахти рост часпида, боло мебарояд. Паланг њайратзада монд, чунки устод ба ў чунин њилаву љањишро наомўзонда буд. Дар њолати шармандагї маъюсона аз гурба мепурсад, ки чаро ин равиши корро ба ў наомўхт. Гурба бо истењзо љавоб медињад: “Барои рўзи мабодо, барои эњтиёти љон аз ту барин шогирдони носипос”. Бо њамин гурбаву паланг дигар бо њам вонахўрдаанд.
дида гурба гурехта рафтааст, хурсанд аз сурохии зери дарахт берун шуд. Гурба њамин лањзаро интизор буд, ки бо як љањиш мушро дошта фурў бурд. Баъди он ки сайдашро батамом њал карду меъдааш ќарор гирифт, бо як кайфият лабу мўйлабашро лесида, маънидорона овоз баровард: Забони душманро донистан чи хубест... Исматуллои Гули ОЛИМ
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 15.01.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муњосибот: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896