Skip to main content

Шумораи №4-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГЇ АЗ ФАЙЗИ ИСТИЌЛОЛ АСТ

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №4 (3240)

ЉУМЪА, 10 январи соли 2020

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУЊТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА МАЉЛИСИ ОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН 26 декабри соли 2019, шањри Душанбе

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Соли 2019 суръати афзоиши воќеии маљмўи мањсулоти дохилї 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондињанда аз њисоби зиёд шудани њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба андозаи 13,4 фоиз, мањсулоти кишоварзї 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасонињои пулакї 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар њафт соли охир рушди иќтисодиёти кишвар њамасола ба њисоби миёна дар сатњи 7 фоиз таъмин гардида, маљмўи мањсулоти дохилї аз 45,6 миллиард сомонї ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра њаљми умумии даромади буљет ќариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонї баробар шуд. Тайи солњои зикршуда даромади пулии ањолї беш аз ду баробар ва музди мењнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Шањри Норак

Ноњияи Кўшониён

ЉАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ВАТАНРО ИСТИЌБОЛИ САЗОВОР МУЊИМТАРИН НИШОНДИЊАНДАЊОИ РУШДИ ИЉТИМОИЮ ИЌТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2019 Дар соли 2019 фаъолон ва ањли зањмати вилояти Хатлон дурнамои соњањои иљтимоию иќтисодии вилоятро бо нишондињандањои мусбат љамъбаст карда, имрўзњо чун тамоми мардуми љумњурии азизамон бањри дар амал татбиќ гардонидани дастуру супоришњои дар Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат зикршуда саъю кўшиш доранд. Соли сипаригардида бо азму талоши Пешвои муаззами миллат иќдому ташаббусњои созанда вусъати бесобиќа касб карда, мардуми сарбаланди Хатлонзамин ба хотири боз њам ободу зебо гардонидани ватани бињиштосоямон ањлона ва беш аз њар ваќти дигар зањмат кашиданд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон Паёми навбатии хешро ба Маљлиси Олии мамлакат аз дастовардњои Тољикистон дар соли сипаригардида оѓоз намуда, махсусан чунин ќайд карданд: «Татбиќи чорабинињои «Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуњлати рушди Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016 - 2020» љињати расидан ба њадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд». Соли 2019-ум дар вилояти Хатлон соли вусъати корњои созандагиву бунёдкорї, иќдому ташаббусњои наљиб ва густариши худшиносиву худогоњии миллї буд. Ин сол дар њаёти иќтисодию иљтимоии вилоятамон бо сафарњои кории Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњои вилоят ва бо зањмати содиќонаву ватандўстонаи сокинони вилоят, мавриди истифода ќарор гирифтани садњо иншооти иљтимоиву хизматрасонї ва корхонаву коргоњњои нави истењсолї хотирмон мебошад, ки њамаи ин омилњо ба рушди минбаъдаи соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти вилоят мусоидат хоњанд кард. Ба истифода додани агрегати дуюми Неругоњи барќи обии “Роѓун” аз љумлаи дастовардњои бузурги имсолаи Њукумати мамлакат дар соњаи энергетика ва як ќадами устувори дигар дар љодаи таъмини истиќлолияти энергетикї, боз

њам бењтар ќонеъ гардонидани талаботи соњањои иќтисодї ва ањолї ба неруи барќ ва заминаи мусоид барои амалї гардидани њадафи чоруми миллї - саноатикунонии босуръати Тољикистони азиз мебошад. Боиси ќаноатмандист, ки дар Паёми навбатии Роњбари давлат самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишвар мавриди тањлил ќарор гирифта, барои ояндаи миёнамуњлат роњнамои рушди иќтисодию иљтимоии мамлакат, ки ба бењтар намудани сатњу сифати зиндагии ањолї равона гардидааст, пешнињод ва ба Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазорату идорањои љумњурї, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо вазифањои мушаххас гузошта шуданд. Њидояту вазифањои дар пешгузоштаи Сарвари давлат ба некуањволии халќи Тољикистон нигаронида шуда, моро зарур аст, ки љињати иљрои онњо, бо назардошти дар вилоят мављуд будани имкониятњои хеле зиёд ва бо истифода аз ашёи хоми дар минтаќа љойдошта зањмат кашем ва рушди иќтисодиётро таъмин намуда, барои ободу зебо гардидани шањру ноњияњо, дењотљойњо ва мањалли зисти шањрвандон корњои ободонию созандагї ва бунёдкориро таќвият бахшем. Соли 2019 соњањои истењсолї рушд карда, дањњо корхонањои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр сањми соњибкорони ватанї, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи Хатлонзамин хеле назаррас мебошад. Онњо бо азму иродаи ватандўстона ва ба хотири татбиќи сиёсати давлату Њукумат љињати муњайё сохтани љойњои корї, вусъати корњои ободонї ва дар ин асос бењтар кардани сатњи некуањволии сокинони мамлакат њиссаи арзанда гузошта истодаанд. Соњибкорон, шахсони саховатманд ва мардуми зањматкаши шањру ноњияњои вилоят корњои ободонию созандагиро бахшида ба таљлили 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон вусъат бахшида, дар соли 2018ум 1061 адад ва соли 2019-ум 2474 адад иншоотњои гуногуни таъйиноти истењсолию ѓайриистењсолї бунёд намуданд, ки аз ин њисоб 12,9 њазор љойњои кории доимї ва мавсимї таъсис дода шуд. Аз љумла, дар соњаи маориф

218 иншоот, тандурустї 441, фарњанг 92, варзиш 246 адад, 53 адад иншоотњои сайёњї ва њунарњои мардумї ва фермањои чорвопарварї, паранда, сардхона, корхонаю коргоњњои саноатии истењсолї, таъмири роњу пулњо ва дигар иншоотњои хизматрасонї мавриди истифода ќарор дода шудааст. Њамзамон, зикри номи соњибкорони мањаллї, шахсони алоњида, ки дар љавоб ба супоришњои Роњбари давлат дар бунёди иншоотњои љашнї сањмгузорї намуданд, ќобили ќайд аст. Масалан, Бањриддин Љўрахонов - соњибкор аз ноњияи Ёвон дар бунёди муассисаи таълимї барои 640 љойи нишаст, маркази саломатї, мумфаршкунии роњ, корхонаи сементбарорї дар ноњияи Љ. Балхї, Хўљамурод Азимов соњибкор аз шањри Норак дар бунёди муќаддасоти миллї, Њошим Бобоев - соњибкор аз шањри Бохтар, дар бунёди муассисаи томактабии хусусї барои 140 љой, Толиб Мирзорањим - соњибкор аз ноњияи Данѓара, барои бунёди ќасри фарњанг дар Љамоати дењоти “Оќсу”, Маъруфхўља Рањмонќулов - соњибкор аз ноњияи Ќубодиён барои бунёди боѓчаи бачагона дар дењоти 20-солагии Истиќлолият, Саъдулло Ѓафуров - соњибкор аз ноњияи Кўшониён, бунёди корхонаи истењсоли равѓани рустанї ва чандин соњибкоронро метавон номбар кард, ки сањми худро дар корњои ободонї бахшида, ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон гузоштаанд. Ба њамаи онњое, ки дар амалї гардонидани Амри Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон сањмгузорї намудаанд, бахусус, ба намояндагони вазорату идорањои дахлдори љумњурї, бори дигар аз номи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят миннатдорї баён мекунам Боварї аст, ки дар солњои 2020 ва 2021 соњибкорон, шахсони барўманд ва сокинони шањру ноњияњои вилоят иќдомоти наљиби худро барои боз њам гул-гулшукуфии шањру ноњияњо ва дењотљойњо равона хоњанд кард. Љамъбасти натиљањои рушди иљтимою иќтисодии вилоят дар соли 2019 аз рўйи наќша ва барномањои тасдиќшуда таъмин гардида, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо, фаъолон ва сокинони вилоят бобати иљрои

дастуру супоришњои дар Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зикргардида тадбирњо андешида, нишондињандањои пешбинишудаи солро бо натиљањои мусбат љамъбаст намуданд. ИЌТИСОД Наќшаи андоз бо назардошти андози иљтимоии ѓайрибуљетї 100,1 фоиз таъмин шуда, ба буљет як миллиарду 467 миллион сомонї ворид гардид, ки нисбати наќша 2,1 миллион сомонї ва њамин давраи соли гузашта 179,8 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар таъмини наќшаи андозњо њиссаи шањру ноњияњои Норак, Балљувон, Данѓара, Дўстї, Љ. Балхї, Темурмалик ва Ш. Шоњин назаррас буда, онњо иљрои наќшаи ќисми даромади буљетро барзиёд таъмин ва маблаѓњои барзиёдиро барои вусъатдињии корњои ободонї равона намуданд. Баќияпулињои андоз ба 1 декабри соли 2019 дар шањру ноњияњои вилоят 169 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол 14 миллион сомонї кам гардид. Соли 2019-ум 3024 ќарори маљбуран ситонидани ќарзи андозњо ба маблаѓи 107 миллион сомонї ќабул гардида, аз ин њисоб ба буљети шањру ноњияњо 86 миллион сомонї маблаѓ ворид карда шуд. Шумораи соњибкорони бо патент ва шањодатнома фаъолиятдошта 32,4 њазор нафар, ё ин ки нисбати соли гузашта 523 нафар афзоиш ёфта, аз њисоби онњо ба буљети шањру ноњияњо 98,3 миллион сомонї маблаѓ ворид гардид. Дар вилоят шумораи нафаќагирон 249,3 њазор нафар буда, аз љумла нафаќагирони маъюб 52,7 њазор, маъюби то 18-сола 11,1 њазор нафарро ташкил медињад. Њисоби миёнаи маблаѓи нафаќапулии онњо мутаносибан 292, 278 ва 242 сомониро ташкил медињад. Барои пардохти маблаѓи нафаќапулињо ба суратњисоби Фонди суѓуртаи иљтимої 875,7 миллион сомонї равона карда шуд, ки 98,5 фоизи талаботро ташкил медињад. Дар соли 2019 ба ташкилоту муассисањои буљетии вилоят ва шањру ноњияњо 1 миллиарду 687 миллион сомонї маблаѓњои буљетї равона карда шуд. Аз њаљми умумии маблаѓњо 1 миллиарду 479 миллион сомонї ё 87,6 фоиз ба соњањои иљтимоиёт, аз љумла маориф, тандурустї, фарњанг, варзиш

ва њифзи иљтимоии ањолї рост омад. Бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти вилоят 30 лоињањои сармоягузории давлатї татбиќ шуда, аз њисоби онњо дар шањру ноњияњои вилоят 469 миллион доллари амрикої азхуд карда шудааст. Соњибкорони вилоят дар соли 2019 ба Фонди дастгирии соњибкории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузории љумњурї 99 лоињаи ќарзї ва сармоягузорї ба маблаѓи 461 миллион сомонї пешнињод намуда, ба 7 лоиња 7,5 миллион сомонї маблаѓи ќарзи имтиёзнок људо карда шудааст. Дар шањру ноњияњо ва вилоят барномањои рушди иљтимоию иќтисодї мавриди амал ќарор дошта, барномаи шањру ноњияњои Кўлоб, Норак, Хуросон, А. Љомї ва Ќубодиён бо ќарорњои дахлдори Њукумати Љумњурии Тољикистон ва боќимонда бо ќарорњои Маљлиси вакилони халќи шањру ноњияњо ќабул гардида, ба рушди иљтимоию иќтисодии мањал мусоидат намуда истодааст. Иљрои Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии вилоят барои солњои 2016-2020-ум 98 фоиз таъмин гардидааст. Гардиши савдои хориљии вилоят 404,5 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки ин нисбати соли гузашта 36,4 миллион доллар ё 9,9 фоиз зиёд мебошад. Дар гардиши савдои хориљї содирот ба 46 фоиз ва воридот ба 54 фоиз баробар мебошад. Дар содироти молу мањсулоти вилоят ба хориљи кишвар њиссаи нахи пахта 23 фоиз, калобаи ресандагї 21 фоиз, семент 15 фоиз ва ќувваи барќ 34 фоизро ташкил дода, ба вилоят аз хориљи кишвар, асосан, шакар, нурињои маъданї, сўзишворї, гўшт ва орду гандум ворид гардидааст. Шарикони рушди вилоят дар содироти молу мањсулот ба хориљи кишвар, асосан, Федератсияи Россия (8,3%), Ўзбекистон (3,7%), Афѓонистон (51,7%), Туркия (13,4%), Чин (11,6%), Покистон (5,6%) ба њисоб мераванд. Дар минтаќањои озоди иќтисодии «Данѓара» 25 субъект ва “Панљ” 16 субъект ба ќайд гирифта шудаанд. Соли 2019 дар Минтаќаи озоди иќтисодии “Данѓара” љалби сармояи хориљї ба маблаѓи 129,2 миллион сомонї ворид (Давомаш дар сањ. 2)

Шањри Кўлоб

Ноњияи Вахш

Ноњияи Балљувон

Шањри Левакант


2

ХАТЛОН

ЉУМЪА, 10 январи соли 2020, №4 (3240)

ЉАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ВАТАНРО ИСТИЌБОЛИ САЗОВОР МУЊИМТАРИН НИШОНДИЊАНДАЊОИ РУШДИ ИЉТИМОИЮ ИЌТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2019 (Аввалаш дар сањ. 1) гардида, аз аввали фаъолият як миллиарду 780 миллион сомонї аз худ шуда, ба маблаѓи 36,8 миллион сомонї молу мањсулоти гуногуни саноатї истењсол намуданд, ки нисбати соли 2018-ум 12,2 миллион сомонї зиёд мебошад. Шумораи коргарон ба 407 нафар расида, нисбати соли 2018-ум 107 нафар зиёд гардида, ба буљет 9,9 миллион сомонї андозњо ва пардохтњои гумрукї пардохт карда шудааст. Фаъолияти Минтаќаи озоди иќтисодии “Панљ” ба бењбудї ниёз дошта, соли 2019 њамагї ба маблаѓи 3,9 миллион сомонї сармояи хориљї ворид гардида, ба маблаѓи 974 њазор сомонї мањсулот истењсол ва ба буљет 192 њазор сомонї андоз ва пардохтњои гумрукї ворид карда шудааст. Низоми бонкї бояд дар рушди иќтисодиёти вилоят мусоидат намояд. Бонкњои вилоят дар соли 2019 ба соњањои иќтисодиёт 1 миллиарду 298 миллион сомонї ќарзњои бонкї људо намуданд, ки ин нисбати соли 2018-ум 154 миллион сомонї зиёд аст. Аз маблаѓи умумии ќарзи бонкии људогардида 487 миллион сомонї ё 38 фоиз ба бонки давлатии “Амонатбонк” ва бонкњои тиљоратї ва 811 миллион сомонї ё 62 фоиз ба ташкилотњои ќарзии хурд рост меояд. Гардиши моли чакана ба 6 миллиарду 658 миллион сомонї ва хизматрасонии пулакї 2 миллиарду 64 миллион сомонї расида, иљрои дурнамо мутаносибан 105,8% ва 102,5 фоизро ташкил дод. Нисбати соли 2018 гардиши моли чакана 1 миллиарду 798 миллион сомонї ва хизматрасонии пулакї 198 миллион сомонї афзоиш ёфт. Яке аз масъалањои асосие, ки ба бењтар гардидани сатњи зиндагии ањолї ва ба шуѓл фаро гирифтани шањрвандон мусоидат менамояд, таъсиси љойњои нави кории доимї ва дуруст ба роњ мондани касбомўзии љавонон ва калонсолон ба њисоб меравад. Дар Паёми навбатии Роњбари давлат ба ин масъала диќќати махсус дода, вазорату идорањои дахлдор ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии мањаллї вазифадор гардиданд, ки дар 10 соли пешомад њар як фарди корљў бояд соњиби як ё ду ихтисоси касбї гардад. Соли 2019 дар вилоят 50697 љойи нави корї таъсис дода шуд, ки аз шумораи умумї 29,8 њазор ё 59 фоизи он мавсимї ба њисоб меравад. Аз њисоби 310 ярмаркаи љойњои кории холии баргузоргардида, дар маљмўъ 6413 нафар бо љойи кор таъмин карда шудаанд. Њамзамон, 6340 нафар шањрвандон ба касбомўзї љалб гардида, соњиби ихтисосњои гуногун гардиданд. Ќарзи музди мењнат дар соњањои истењсолї ба 1 декабри соли 2019 нисбати аввали сол 992 њазор сомонї кам гардида, 6,1 миллион сомонї боќї мондааст. КИШОВАРЗЇ Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат соњаи кишоварзї яке аз соњаи афзалиятнок арзёбї гардида, ба роњбарони вилоятњо ва шањру ноњияњо барои зиёд намудани майдони кишти зироатњо, истењсоли мањсулот, бахусус, мањсулоти ба содирот нигаронидашуда, ташкили гармхона, сардхонањо ва ба ин васила бењтар намудани таъмини бозори истеъмолї бо мањсулоти худї, коркарди он супоришњои мушаххас дода шуд. Соли 2019 љавобан ба дастуру супоришњои Роњбари давлат рушди соњаи кишоварзї аз рўйи дурнамои пешбинишуда таъмин гардид. Дар ин сол њаљми мањсулоти умумии кишоварзї ба 14,5 миллиард сомонї расида, афзоиши он нисбат ба соли 2018-ум 8,5 фоизро ташкил менамояд. Љињати баланд гардидани њосили зироатњои кишоварзї, таъмини амнияти озуќавории мардуми кишвар ва замина гузоштан барои њосили соли оянда, дар шањру ноњияњои вилоят хамагї 42 њазор тонна тухмии зироатњои ѓалладона ва лўбиёгињо, 5,7 њазор тонна картошкаи тухмї, 44,5 тонна сабзавот ва 10,7 њазор тонна чигити тухмї захира карда шудааст. Дар њамаи бахшњои хољагидорї, бо истифода аз тухмињои серњосил ба њолати 1 январи соли 2020 истењсоли ѓалладонагињо 870,3 њазор тонна, пахта 267 њазор тонна, картошка 223 њазор тонна, сабзавот 1 миллиону 259 њазор тонна, полезї 559 њазор тонна, мева 202 њазор тонна ва ангур ба 106 њазор тонна расонида шуда, суръати афзоиш нисбати соли 2018 аз 1,4 то 49,2 фоизро ташкил медињад. Истењсоли картошка дар вилоят 124,7 фоиз таъмин гардид. Тибќи маълумоти оморї, ба њолати 1 январи соли 2020 дар майдони 17913 гектар кишти зироатњои барваќтии

тирамоњї, аз он љумла 11929 гектар сабзавот, аз он 701 гектар карам, 1746 гектар сабзї, 8828 гектар пиёз ва 655 гектар дигар сабзавот 2737 гектар картошка ва 3247 гектар зироатњои хўроки чорво гузаронида шуд, ки дар маљмўъ нисбати соли 2018-ум 2379 гектар зиёд мебошад. Дар шањру ноњияњои вилоят њамагї 1171 гектар боѓу токзорњои нав, аз љумла дар заминњои лалмї 930 гектар бунёд гардида, иљрои нишондињандаи Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї 77,8 фоиз таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра 262,9 гектар боѓ ва 67 гектар токзор барќарор карда шуданд. Бо маќсади таъмини ањолї бо сабзавоти тару тоза ба њолати 1 январи соли 2020 дар майдони 53 гектар гармхонањои доимоамалкунанда ва 653 гектар мавсимї 33,5 њазор тонна мањсулот (помидор, бодиринг ва дигар сабзавот) истењсол ва ба фурўш бароварда шуда, ба фаровонии бозори истеъмолї ва коњишёбии нарх мусоидат намуд. Дар њамаи бахшњои хољагидории вилоят 991,3 њазор сар чорвои калони шохдор, 2,3 миллион сар гўсфанду буз, 58,6 њазор сар асп, 2 миллиону 35 њазор сар паранда, 61,2 њазор оилаи занбўри асал ва 37,5 њазор сар харгўш парвариш ёфта, афзоиши он нисбат ба соли 2018-ум 11,5 њазор сар чорвои калони шохдор, 22,4 њазор сар гўсфанду буз, 201 сар асп, 222,1 њазор сар паранда, 509 оилаи занбўри асал ва 525 сар харгўш зиёд мебошад. Дар њамаи бахшњои хољагидорї 155,9 њазор тонна гўшт, 500,9 њазор тонна шир, 85,3 миллион дона тухм, 5332 тонна пашм, 1012,1 тонна асал ва 2236,3 тонна моњї истењсол карда шуда, афзоиш нисбати соли 2018 аз 1,6 то 37,7 фоизро ташкил медињад. Дар шањру ноњияњо 29 хољагињои зотпарварї мављуд буда, дар ин хољагињо 5086 сар чорвои калони зотњои шветсу зебумонанд, сиёњало, сименталї ва ќазоќии сарсафед, 110,8 њазор сар гўсфандњои зотњои ќароќулї, њисорї, тољикї, мањинпашми дарвозї ва 421 сар аспи зоти тољикї парвариш карда мешавад. Дар соњаи моњипарварї низ муваффаќиятњо назаррас буда, дар бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонї шумораи хољагињои моњипарварї 241 ададро ташкил намуда, ба онњо 2175,7 гектар кўлњо ва њавзњо вобаста карда шуда, 2050 тонна моњї истењсол гардида, шумораи хољагињои моњипарварї 20 адад, масоњати кўлу њавзњо 51,3 гектар ва истењсоли моњї 669,4 тонна зиёд карда шуд. Аммо дар вилоят барои боз њам афзоиш додани истењсоли моњї захираву имкониятњо хеле зиёданд, чунки њоло њам, шањру ноњияњое, ки ба моњипарварї машѓуланд, аз як гектар њавз то 2 тонна моњї истењсол менамоянд, ки ин ба талаботи имрўза љавобгўй намебошад. Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба ин соња таваљљуњи хоса дошта, хољагињои моњипарвариро аз тамоми намуди андоз озод намудааст. Дар шањру ноњияњои вилоят њамагї 1039,1 њазор тонна хошоки дурушт ва 52 њазор тонна хўроки ширадор захира карда шудааст, ки захираи хошоки дурушт 139,4 фоизи иљрои дурнаморо ташкил намуда, нисбати соли 2018-ум 242,9 њазор тонна зиёд ва ба як сар моли шартї 22,2 сентнер воњиди хўрока рост меояд. Соли 2019 љињати пешгирии мањсулоти хўроквории пастсифат корњои муайяне ба анљом расонида, 21,1 тонна гўшт, 15,9 њазор дона тухм, 63,7 тонна меваю сабзавот, 5,5 тонна шир ва мањсулоти ширї, 1,7 тонна равѓани рустанї, 703 килограмм моњї, 535 килограмм асал, 7,1 тонна мањсулоти хушк ва 16,8 тонна анвои полезї аз фурўш боздошта шуд. Дар шањру ноњияњои вилоят 590,2 њазор бех нињол, аз љумла 338,8 њазор бех нињолњои сояафкан, 162,8 њазор бех нињоли њамешасабз, 88,6 њазор бех ороишї, 268,9 њазор дона лола, 817,3 њазор бех садбарг ва 5208,3 њазор бех дигар намуди гулњо шинонида, 165,4 њазор м2 алафњои њамешасабз кишт гардида, дар шоњроњњои њудуди вилоят 22,6 њазор бех нињолњои гуногун шинонида шуд. Дар шањру ноњияњои вилоят дар нуќтањои ќабул 262,6 њазор адад лампањои симобдори аз истифодабаромада љамъоварї шуда, 118,5 адади он барои безараргардонї интиќол дода шуд. Соли 2019 дар майдони 228 гектар љангалњои нав бунёд карда шуда, дар майдони 555 гектар љангалњои куњна аз нав барќарор карда шуда, дар хољагињои нињолпарварии вилоят 1 миллиону 165 њазор бех нињолњои гуно-

гун парвариш ёфта, 749,5 бех нињолњо барои фурўш омода мебошад. Ба 1 январи соли 2020-ум 6347 њолатњои вайронкунандагони ќонунгузории замин дар майдони 5321 гектар ошкор карда, ба маблаѓи 2 миллиону 35 њазор сомонї љарима баста шуд. Дар соли 2019 ба истифодабарандагони об дар њаљми 2269,3 миллион метри мукааб бо арзиши 41,4 миллион сомонї об дода шуда, 35,3 миллион сомонї ё 85,3 фоизи маблаѓи оби додашуда љамъоварї шуда, баќияи ќарзи њаќќи хизмати обрасонї ба 79,2 миллион сомонї баробар гардида, нисбат ба аввали соли љорї 6,1 миллион сомонї афзоиш ёфтааст. Соли 2019 аз 33,8 миллион сомонї маблаѓи њисобишудаи неруи барќ њамагї 20,5 миллион сомонї пардохт шудааст, ки он 60,6 фоизи маблаѓи барќи истифодашударо ташкил медињад. Љињати идома бахшидан ба корњои соњилмустањкамкунї дар шањру ноњияњои вилоят ба ќадри зарурї маводњои лозима, аз љумла сўзишворї 108770 литр, семент 1254 тонна, арматура 69 тонна, симтаноб 11940 метр ва симтўр 23600 метри мураббаъ људо карда, аз маводњои људогардида 318,5 њазор метри мукааб корњои заминї иљро гардид 55308 адад тахтасангњои оњану бетонї тайёр карда якљоя бо баќияи соли гузашта 52334 адад бо 5920 метр симтаноб васлу насб ва 19900 метри мураббаъ симтўр хобонида дарозии 11875 метр саддњои њимоявии сою дарёњо мустањкам карда шуд. САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА Рушди соњаи саноат аз рўйи дурнамои тасдиќгардида таъмин гардида, соли 2019 ба маблаѓи 8 миллиарду 507 миллион сомонї мањсулот истењсол шуда, њаљми истењсол нисбати соли 2018 ба маблаѓи 1 миллиарду 147 миллион сомонї зиёд мебошад. Аз њаљми умумии истењсоли мањсулоти саноатї, њиссаи саноати коркард 49,8 фоиз, саноати истихрољи маъдан 4,2 фоиз, истењсоли неруи барќ ва газ 39,5 фоиз, таќсимоти неруи барќ ва дигар хизматрасонї 6,5 фоизро ташкил медињад. Соли 2019 дар шањру ноњияњо 90 корхона ва коргоњњо боназардошти 865 љойи нави корї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Бояд ќайд намуд, ки тибќи “Наќшаи бунёди корхона ва коргоњњои саноатї барои соли 2020” бо пешнињоди маќомоти иљроияи мањалли њокимияти давлатї дар шањру ноњияњои вилоят, сохта ба истифодадињии 112 адад бо таъсиси 1637 љойи корї пешбинї шудааст, ки татбиќи он таќвияти фаъолияти масъулини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњия, љамоатњои шањраку дењотро дар ин самт таќозо менамояд. Соли 2019 дар вилоят 482,3 њазор метри мукааб ва ё дар сатњи 110,3 фоизи соли пешин рег, сангу шаѓал истењсол шуд. Дар соли сипаригардида аз љониби корхонањои ресандагї дар вилоят 17,4 њазор тонна ришта истењсол шудааст, ки дар ќиёс ба соли 2018-ум 12,9 фоиз ё ба миќдори 1990 тонна афзоиш ёфтааст. Корхонањои истењсоли газвор дар ќиёс ба соли 2018 наздики 5 њазор метри мураббаъ газвор зиёд истењсол кардаанд Соли 2019 дар вилоят 1195 тонна мањсулоти шири холис истењсол шуда, ин нишондињанда дар ќиёс ба соли 2018 наздики 40 тонна ва ё 3,3 фоиз зиёд аст. Аз 28 корхона ва коргоњи консервабарорї 15 ададашон фаъолият карда, ба миќдори 5,1 миллион ќуттии шартї консерва истењсол намуданд, ки дар ќиёс ба соли 2018-ум 263 њазор ќуттї ва ё 5,4 фоиз зиёд мебошад. Корхонањои мевахушккунї низ њаљми истењсоли меваи хушкро барзиёд таъмин намуданд. Соли гузашта дар вилоят 320,7 њазор тонна ё 103,5 фоизи соли 2018 орд истењсол шуд. Корхонањои ќаннодї якљо бо бахши хусусї 1050 тонна ё нисбат ба соли 2018 њаљми истењсолро ба 145 фоиз расониданд. Дар шањру ноњияњои Бохтар, Кўлоб, Норак ва Панљ корхонаи истењсоли макарон ба роњ монда шуда, 34,2 тонна мањсулоти макаронї истењсол шудааст, ки ин нишондињанда ба 102,1 фоизи соли 2018 баробар мебошад. Корхонањои равѓанбарорї якљо бо бахши хусусї дар вилоят 12,2 њазор тонна равѓани рустанї истењсол намуда, њаљми истењсолро назар ба соли 2018-ум 808 тонна ё 7,1 фоиз зиёд намуданд. Тибќи супориши Њукумати Љумњурии Тољикистон таъмини муассисањои таълимї бо либоси мактабї тавассути корхона ва

коргоњњои мањаллї бо нархњои дастрас дастур шудааст. Тањлили маълумоти оморї нишон медињанд, ки соли 2019 корхона ва коргоњњои дўзандагии вилоят 307,6 њазор либоси мактабї истењсол намудаанд, ки ин нишондињанда ба 75 фоизи наќша баробар мебошад. Мувофиќи маълумоти Раёсати маорифи вилоят дар давоми сол 211,4 њазор хонанда сарулибоси мактабиро аз корхонањои худї харидорї намудаанд. Соли 2019 дар вилоят 367,2 тонна пилла истењсол шуд, ки ин нишондињанда дар ќиёс ба њамин давраи соли 2018 дар њаљми 105,2 тонна ва ё 40,2 фоиз зиёд мебошад. 20 шањру ноњияи пиллапарвари вилоят дурнамои пилласупориро таъмин намудаанд. Соли 2019 ба ањолї ва хољагии халќи вилоят 2,8 миллиард кВт/соат неруи барќи фоиданок, ба маблаѓи 590,8 миллион сомонї, аз он љумла, ба ањолї ба маблаѓи 228,9 миллион сомонї дода љамъоварии маблаѓи он мутаносибан 88,6 ва 95,6 фоизро ташкил кардааст. НАЌЛИЁТ ВА РОЊ Соли 2019 њаљми боркашонї 21,9 миллион тонна иљро гардида, мусофиркашонї ба 95,9 миллион нафар расонида шуда, суръати афзоиш нисбати соли 2018 мутаносибан 1,3 ва 13,8 фоизро ташкил дод. Аз њамаи манбаъњо ба маблаѓи 159,1 миллион сомонї корњои таъмиру азнавсозии роњњо гузаронида шуда, 335 километр роњњо таъмири асосї, 2138 километр таъмири љорї, 992 километр сангфарш ва 86 пул бо дарозии 1236 метр корњо иљро гардид, ки нисбати соли 2018-ум 103,5 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар роњњои автомобилгарди вилоят 945 пул мављуд буда, то њол 31 адад пул, аз љумла, дар шањру ноњияњои Кўлоб 2 адад, Восеъ 10 адад, Данѓара 3 адад, Бохтар ва Кўшониён 2 ададї, Вахш, Хуросон, Дўстї, Ќубодиён, Љ. Балхї, А.Љомї, Љайњун, Ёвон, Ш. Шоњин, Фархор, Ховалинг 1- ададї пулњо таъмирталаб мебошанд. Дар фаъолияти раёсатњои хадамоти давлатии назорат ва танзими минтаќаи Бохтар ва Кўлоб њоло њам камбудињо љой дошта, баъзе аз соњибкорони ба мусофиркашонї машѓулбуда бе роњхат, бе муоинаи њолати техникї ва тиббї фаъолият менамоянд. Бетартибињо ва тамбашавї дар атрофи бозорњои марказии шањри Бохтар, ба мисли “Фаровон”, “Њољї Шариф” инчунин, дар шањру ноњияњои Кўлоб, Норак, Љ. Балхї, Шањритуз, Ќубодиён, Дўстї, Панљ, Восеъ, Вахш ва А. Љомї њанўз њам љой доранд. Соли 2019 иљрои наќшаи даромади тарифї ва њизматрасонї дар ЉСК “Тољиктелеком” нисбати соли 2018 мутаносибан 93,2 ва 91,6 фоизро ташкил дода, наќшаи даромади тарифї ва хизматрасонї дар корхонаи фаръии «Почтаи Тољик» дар вилоят нисбат ба соли 2018 мутаносибан 112 ва 110 фоиз таъмин гардидааст. Соли 2019 аз истгоњњои роњи оњани вилояти Хатлон тариќи минтаќаи Хушодї-Термез 3604 тонна семент ва зерчўб берун аз кишвар ба Љумњурии Ўзбекистон содирот ва 87 њазор тонна мањсулоти гуногун ворид шуда, боркашонии мањаллї 169 њазор тоннаро ташкил дода, ба 44 њазор нафар мусофир хизмат расонида шудааст. Дар соњаи наќлиёти њавої соли 2019 миќдори хатсайрњои хизматрасонї дар ЉСК «Фурудгоњи байналмилалии Кўлобу Бохтар» 584 рейсро ташкил намуда, њаљми хизматрасонї ба мусофирон 158,1 њазор нафарро ташкил намуда ва 2362 тонна баѓољ интиќол дода шудааст. СОХТМОН Соли 2019 аз њисоби њамаи манбаъњои маблаѓгузорї 2 миллиарду 541 миллион сомонї аз худ карда шуданд. Аз њисоби манбаъњои маблаѓгузории давлатї 363,8 миллион сомонї, љамъиятњои масъулияташ мањдуд 103,6 миллион сомонї, соњибкорон 503,2 миллион сомонї, ањолї 122,3 миллион сомонї, сармояи хориљї 1 миллиарду 369 миллион сомониро ташкил дода, ба маблаѓи 2,8 миллиард сомонї фондњои асосї ба кор андохта шуданд. Дар вилоят 2150 бинову иншоотњо бо ќарорњои дахлдори раисони шањру ноњияњо ба маблаѓи 2,5 миллиард сомонї ба њисоботи оморї ворид гардид. Инчунин, 1727 хонаи шахсї дар масоњати 250,7 њазор метри муррабаъ мавриди истифода ќарор дода шуда, суръати афзоиш 126,9 фоизро ташкил дод. Дар соњаи маориф дар 87 мактаб 413 (Давомаш дар сањ. 3)

ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГЇ АЗ ФАЙЗИ ИСТИЌЛОЛ АСТ

Ноњияи Ховалинг

Ноњияи Хуросон

Ноњияи Шањритуз

Ноњияи Љалолиддини Балхї

Ноњияи Данѓара

Ноњияи Муъминобод

Ноњияи Фархор

Ноњияи Муъминобод


ЉАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ВАТАНРО ИСТИЌБОЛИ САЗОВОР МУЊИМТАРИН НИШОНДИЊАНДАЊОИ РУШДИ ИЉТИМОИЮ ИЌТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2019 (Идома аз сањ. 2) синфхона барои 10338 талаба дар як баст ва 10 муассисаи томактабї барои 365 љой, дар соњаи тандурустї 5 беморхона барои 244 кат, 27 маркази саломатї барои 828 ќабули беморон дар як баст, 63 бунгоњи тиббї, 18 толори варзишї, 93 майдончаи варзишї, 15 мењмонхона, 119 км хатти оби нўшокї, 1200 маркази тиљоротиву хизматрасонї ва дигар бинову иншоотњо ба истифода дода шудааст. Барои њавасманд намудани соњибкорон, шахсони њимматбаланд ва сокинони дењањое, ки дар корњои ободонию созандагї, бунёди иншоотњои љашнї сањм мегузоранд, озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» бо ќарори раиси вилояти Хатлон тасдиќ гардида, ѓолибон њар як семоња бо ифтихорнома, сипоснома ва туњфањои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардонида мешаванд. КОММУНАЛЇ Корњои бунёдкорї, созандагї, ободонї, бунёди гулгашту хиёбонњо, сабзу зебогардонї, ташкили гармхонањо барои парвариши гул, шинонидани онњо, тозагии муњити зист, баровардани сариваќтии партовњо бењбудиро талаб мекунанд. ИЉТИМОИЁТ Дар Паёми навбатї ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон ба соњањои иљтимоиёт, аз љумла маориф, илм, фарњанг, сињатии омма, занону љавонон, варзиш, сайёњї, ки дар рушди минбаъдаи давлат мавќеи муњим доранд, диќќати махсус дода, дар назди масъулин вазифањои мушаххас гузоштанд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ба масъалаи бењтар намудани соњањои болозикр таваљљуњи доимї зоњир менамояд. Дар соли 2020 аз њаљми умумии ќисми харољоти буљет як миллиарду 606 миллион сомонї ё 88 фоиз ба соњањои иљтимої пешбинї карда шудааст, ки нисбати соли 2019-ум 88 миллион сомонї зиёд мебошад. Бояд зикр намуд, ки сол то сол дар шањру ноњияњои вилоят заминаи моддї-техникии муассисањои таълимї ва шароити мусоид барои хонандагон муњайё гардида истодааст. Дар шањру ноњияњои вилоят дар соли хониши 2019-2020 шумораи муассисањои таълимї 6 адад ва шумораи хонадагон 23625 нафар афзуда, 19 муассиса, аз љумла 15 адад аз низоми тањсилоти асосї ба миёнаи умумї табдил дода шуданд. Бо маќсади таъмини рушди соњаи тарбияи томактабї ва тањсилоти миёнаи умумї 7 муассисаи хусусии томактабї, аз љумла дар шањру ноњияњои Бохтар 2, Кўлоб 2, Левакант 1, Муъминобод 1 ва Кўшониён 1 ададї фаъолият доранд. Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон барномаи давлатии рушди муассисањои соњаи маорифи вилояти Хатлон барои солњои 2017-2021 тасдиќ гардидааст. Дар давраи амалишавии Барнома пешбинї шудааст, ки дар шањру ноњияњои вилоят 566 муассисањои таълимї барќарор ва аз таъмир бароварда шаванд. Ба ин маќсад аз њамаи манбаъњои маблаѓгузорї 1,1 миллиард сомонї пешбинї гардидааст, ки 18 фоизи он аз њисоби буљети љумњуриявї, 20 фоиз аз њисоби буљети мањаллї ва 62 фоизи дигар аз манбаъњои ѓайрибуљетї иборат мебошад. Мониторинги барнома нишон дод, ки аз давраи амалишавї аз рўйи барнома ва берун аз он 118 иншооти соња мавриди истифода ќарор дода шуданд. Бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят њамасола озмунњои вилоятии бењтаринњои «Муассисаи таълимї», «Муассисаи томактабї», «Муассисаи тањсилоти иловагї ва интернатї», «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодњо», «Маркази технология ва коммуникатсия», “Кабинети методї”, «Муаллими сол», «Мураббии сол», “Хонандаи сол” ва “Навовару ихтироъкори љавону навраси сол” баргузор гардида, ѓолибон бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотњои молиявии раиси вилоят ќадрдонї карда мешаванд. Соли 2019 дар олимпиадањои байналмилалї ва љумњуриявии фаннии мактаббачагон шогирдони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањру ноњияњои вилоят сазовори 267 љойи ифтихорї гардидаанд, ки аз ин шумора 52 медали тилло, 61 медали нуќра ва 154 медали биринљї буда, нисбат ба соли гузашта 84 љойи ифтихорї зиёд аст. Дар соли 2019, бо маќсади дастгирї ба тарбиягирандагони муассисањои интернатии вилоят дар арафаи идњо ва љашну маросимњои миллї аз њисоби муассисањои сарпараст, соњибкорон ва шахсони алоњида, дар маљмўъ, ба маблаѓи 648,2 њазор сомонї кумак расонида шуда, алњол чунин иќдомњои неку наљибона идома доранд. ТАНДУРУСТЇ Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят барои рушди соњаи тандурустї диќќати зарурї дода, соли 2019 дар шањру ноњияњо 68 муассисаи тандурустї, аз љумла 18 маркази саломатии дењотї, 50 бунгоњи саломатї ва беморхонањо сохта ба истифода дода, бо таљњизоти муосири тиббї муљањњаз гардонида шудаанд. Инчунин, аз њисоби њамаи манбаъњои маблаѓгузорї

3

ХАТЛОН

ЉУМЪА, 10 январи соли 2020, №4 (3240)

ба муассисањои соња 18 автомашинаи ёрии таъљилї, ду автомашинаи сайёри флюрографии тамѓаи “КамАЗ” дастрас гардид, ки мушкилоти соњаро дар самти дастрасии ањолї ба хизматрасонии тиббї бењтар намуд. Бо маќсади баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї бо ќарори раиси вилояти Хатлон аз 25 ноябри соли 2019, №309 Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи А. Њаќназаров ба Беморхонаи бисёрсоњавии ба номи А. Њаќназаров табдил дода шуда, маркази перинаталї ва муассисаи давлатии Маркази вилоятии клиникии беморињои дил дар шањри Кўлоб мавриди истифода ќарор дода шуд. Инчунин, бо маќсади рушди соњаи тандурустї, баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонии тиббї, савияи дониши касбї ва њавасманд намудани кормандони соњаи тандурустии вилоят ќарори раиси вилояти Хатлон аз 15 феврали соли 2019, №46 “Дар бораи таъсиси Љоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино” ќабул гардида, соли равон 6 нафар табибон соњиби ин љоиза гардиданд. Њамасола, тибќи ќарорњои раиси вилояти Хатлон озмунњои “ Бењтарин муассисаи тиббии сол”, “Бењтарин табиби сол”, “Бењтарин корманди миёнаи тиббии сол” ва “Бењтарин дастоварди соњаи тиб дар вилоят” натиљагирї карда шуда, њамзамон, љињати дастгирї ва њавасмандгардонии табибоне, ки ба корњои илмї машѓуланд, бо ќарори раиси вилояти Хатлон мукофотпулї дар њаљми 10 њазор сомонї барои дифои рисолаи докторї ва 5 њазор сомонї барои њимояи рисолаи номзадї дар соњаи тиб муќаррар гардида, соли сипаригардида доктори илмњои тиб Назаров Файзалї ба ин мукофот сазовор гардид. Амнияти санитарию эпидемиологии ањолї зина ба зина таъмин гардида, вазъи эпидемиологии беморињои сироятї нишон медињад, ки беморињои сироятии нињоят хавфнок, ба монанди вабо ва тоун ба ќайд гирифта нашуда, беморињои сироятї паст гардид. Дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї” дар вилоят 131 муассисаи тандурустї фаъолият менамояд. ФАРЊАНГ Дар давоми соли 2019 ба бењтар гардидани фаъолияти муассисањои соњаи фарњангї диќќати хоса дода шуда, бо маќсади татбиќи “Барномаи давлатии рушди муассисањои фарњангии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” дар ноњияи Данѓара бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон Ќасри фарњанг аз рўйи санъати маъмории миллї барои 760 љойи нишаст, бо инфрасохтори зарурї ва дар ноњияи Темурмалик Ќасри фарњангї барои 300 љойи нишаст бунёд гардида, илова бар ин, 12 китобхона, 8 боѓи фарњангї-фароѓатї, 28 гулгашту хиёбонњо мавриди истифода ќарор дода шуданд. Дар шањру ноњияњои Бохтар 2 китобхона, Љалолиддини Балхї 13, Кўлоб, Восеъ, Муъминобод, Норак, Вахш ва Љайњун бо маблаѓгузорї аз њисоби буљети мањаллї ва дигар аз таъмири асосї бароварда шуданд. Соли 2019 ба боѓњои фарњангїфароѓатии вилоят аз љониби соњибкорон ба маблаѓи 33,8 миллион сомонї, аз њисоби буљети мањаллї ба маблаѓи 3,2 миллион сомонї дастгирї гардида, дар онњо 39 адад арѓунчаку чархофалакњо насб ва 4 адад майдони хурди варзишї сохта ба истифода дода шуданд. Дар соњаи фарњанги вилоят ва шањру ноњияњо 3515 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онњо бо маълумоти олии соњавї 569 нафар ё 16,2 фоиз, олии умумї 435 нафар, ё 12,4 фоиз, миёнаи махсуси соњавї 968 нафар, ё 27,5 фоиз, миёнаи махсуси ѓайрисоњавї 321 нафар, ё 9,1 фоиз, бо маълумоти миёнаи умумї 437 нафар, ё 12,4 фоиз ва 785 нафар кормандони техникиро ташкил медињад. Дар вилоят 3 китобхонаи вилоятї, 25 китобхонаи марказии шањриву ноњиявї, 26 китобхонаи бачагона ва 435 китобхонафилиалњои дењотї фаъолият дошта, хазинаи умумии китобхонањо 2,5 миллион адад китобро ташкил медињад. ЉАВОНОН Дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон љавонон ояндасози миллат муаррифї гардида, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят љавононро такягоњи асосии худ барои пешрафти иќтисодиёт ва иљтимоиёти вилоят мењисобад ва барои муњайё намудани шароити мусоид тадбирњои заруриро амалї намуда истодааст. Дар маљмўъ барои бунёди иншоотњои варзишї дар соли 2019 аз њисоби буљети мањаллї 1,2 миллион сомонї ва аз дигар манбаъњои маблаѓгузорї 20,1 миллион сомонї маблаѓ људо гардидааст. Дар соли сипаригардида дар шањри Кўлоб бинои маркази љавонон баъди таъмиру азнавсозї ва дар ноњияи Ховалинг бинои маркази фарњангии љавонон бо иштироки Пешвои миллат мавриди бањрабардорї

ќарор дода шуданд. Айни њол дар самти татбиќи сиёсати давлатии љавонон «Барномаи давлатии тарбияи ватандўстї ва тањкими њувияти миллии љавонон барои солњои 2018-2022» ва “Барномаи миллии рушди иљтимоии љавонони вилояти Хатлон барои солњои 2019-2021” амалї гардида истодааст. Варзишгарони вилоят соли 2019 дар 27 мусобиќаи байналмилалї ва дар 103 чемпионат ва мусобиќањои варзишии љумњуриявї ширкат варзида, сазовори 624 медали тилло, 579 медали нуќра, 832 медали биринљї гардиданд. РУШДИ САЙЁЊЇ Дар вилоят барои иљрои дастури Президенти мамлакат вобаста ба “Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон гардидани солњои 2019-2021 корњои муайне ба анљом расонида шуданд. Тибќи маълумотњо соли 2019 ба шањру ноњияњои вилоят 263 њазор нафар сайёњони дохиливу хориљї, аз љумла 22,4 њазор нафар сайёњони хориљї аз мавзеъњои таърихї ва сайёњии шањру ноњияњои вилоят дидан намуданд. Бояд ќайд намуд, ки дар вилоят 795 ёдгориву мавзеъњои таърихї-фарњангї, бостонї ва монументалї, 101 мењмонхона, 64 мавзеи сайёњї, 37 истироњатгоњу осоишгоњ, 121 тарабхона, 36 осорхонањо, 58 чойхона, 228 банкомати хизматрасонињои бонкї, 54 њомстей ва гестњауз, 69 маѓозаи фурўши армуѓонњо, 97 зиёратгоњ, 33 боѓи фарњангї–фароѓатї, 20 маркази иттилоотии сайёњї мављуд мебошанд, ки њамарўза сайёњон аз ин мавзеъњо дидан менамоянд. Дар вилоят барои бештар муаррифї намудани мавзеъњои таърихї ва сайёњї 14 ширкати сайёњии ЉДММ «Ориёї» дар шањри Кўлоб, ЉДММ “Истироњатгоњи Пули Сангин” дар шањри Норак, ЉДММ “Сайёњ асри 21”, ТЉ “Сайри љањон” дар шањри Бохтар, ЉДММ «Сари Хосор тревел», ЉДММ “Экспедитсияи Осиёи Марказї” дар ноњияи Балљувон, ЉДММ «Морхўр», ЉДММ “Нодир Тур”, ТЉ “Муњофиз”, ЉДММ “Сайди Тагноб”, ЧДММ “М. Бухорї” дар ноњияи Шамсиддин Шоњин, ЉДММ “Хуталон” дар ноњияи Данѓара, ЉДММ “Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер” ва ЉДММ “Сайри мунк” дар ноњияи Ховалинг фаъолият намуда истодаанд. Барои рушди минбаъдаи сайёњї фењристи ёдгорињои фарњангї, бостонї, монументалї, роликњои сайёњї, меъморї ва шањрсозї тањия гардида, дар соли сипаригардида чорабинињои зиёд, аз љумла омўзишњои забонњои хориљї, роњбаладї, хизматрасонї гузаронида шуда, сомонаи сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон бо се забон омода гардида, маълумоти пурраи шањру ноњияњо дар сомона љой дода шудааст. ИТТИЛООТ Дар соли 2019 тибќи љадвали тасдиќгардида мунтазам нишастњои матбуотии роњбарони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, ташкилоту муассисањои вилоятї баргузор карда шуда, дар ин давра 153 маводи танќидию тањлилї вобаста ба ташкилоту муассисањо, соњањои мухталифи хољагии халќи шањру ноњияњо дар васоити ахбори омма пахшу нашр гардидаанд. ЗАНОН Бо маќсади баланд бардоштани маќоми занон дар љомеа, дар вазифањои роњбарикунанда 6586 нафар занону бонувон фаъолияти корї доранд, ки аз онњо 450 нафар ё худ 18 фоиз хизматчиёни давлатї аз њисоби занон мебошад. Дар соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти вилоят 387 нафар олимон фаъолият доранд, ки 66 нафари онњоро занон ташкил медињад. ДИН ВА ТАНЗИМ Дар вилоят барои пешгирии ќонуншиканињо вобаста ба иљрои ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» тадбирњои муайяне амалї гардиданд. Соли 2019-ум 52462 љашну маросим доир гардида, харољоти умумї 1 миллиарду 285 миллион сомониро ташкил медињад, ки ба як љашну маросим 3527 сомонї рост меояд. Аз тарафи шахсони саховатманд ва соњибкорони мањаллї 932 хатнасур ва 53 тўйи домодию арўсии хайриявї гузаронида шудааст. Мутаассифона, дар соли гузашта 168 њолати ќонуншиканї ба ќайд гирифта шудааст. Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, ташкилоту муассисањои вилоятї ва љамоатњои шањраку дењот бо истифода аз захираю имкониятњои мављуда, иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон ва ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар соли 2020 иљро ва љашнњои дар пешистода, аз љумла 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро бо туњфањои арзандаи мењнатї љашн хоњанд гирифт.

Шарифї Фирўза Бўрихонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Шарифї Фирўза Бўрихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст, миллаташ тољик. Соли 1995 Донишгоњи миллии Тољикистонро бо ихтисоси филологияи тољик ва соли 2014 Донишгоњи миллии Тољикистонро бо ихтисоси иќтисодчї хатм кардааст. Номзади илмњои иќтисодї мебошад. Cолњои 1995-1996 дар вазифаи муњаќќиќкоромўзи кафедраи забони муосири тољики Донишгоњи миллии Тољикистон, солњои 1996-1999 ба њайси аспиранти шуъбаи рўзонаи Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият кардааст. Солњои 1999-2001 мушовири шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ, солњои 2001-2002 сармутахассиси шуъбаи кор бо љавонони ноњияи Восеъ, солњои 2002-2003 мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноњияи Восеъ шуда кор кардааст. Соли 2003 муовини сардори идораи кор бо љавонони вилояти Хатлон ва аз худи њамон сол то соли 2006 дар вазифаи сардори Раёсати кор бо љавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоќи љавонони Тољикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Солњои 2006-2013 дар вазифаи сардори Раёсати кор бо љавонон, варзиш ва сайёњии вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоќи љавонони Тољикистон дар вилояти Хатлон фаъолиятро давом додааст. Солњои 2011-2014 донишљўи факултаи молияву иќтисоди Донишгоњи миллии Тољикистон буд. Соли 2013 дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоњи Кумитаи Иљроияи

марказии ЊХДТ корро оѓоз бахшида, худи њамон сол муовини раиси Иттифоќи љавонони Тољикистон таъйин мегардад. Аз 2 ноябри соли 2016 вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия буд. Аз 3 январи соли 2020 дар мувофиќа бо Президенти Љумњурии Тољикистон муовини раиси вилоят таъйин карда шуд. Бо забонњои русї, англисї озодона њарф мезанад. Бо Ифтихорномаи Њукумати Љумњурии Тољикистон (соли 2008), Ифтихорномаи раиси ЊХДТ (соли 2014) сарфароз гардонида шудааст.

Ватанпарвар

ЉАВОНОНРО БА ХИЗМАТИ ЊАРБЇ ОМОДА СОЗЕМ

Њимояи марзу буми ватан вазифаи муќаддаси њар як љавонмард ба шумор меравад. Љ 12ињати омодагии љавонон ба хизмати ватан 20 декабри соли равон ќарори раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба тасвиб расида буд. Дар ќарори мазкур дар бораи омодагї ба даъвати бањории соли 2020 шањрвандони солњои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати њарбї сухан меравад. Тибќи ќарори мазкур наќша-чорабинињои омодагї ба даъвати бањорї тасдиќ гардидааст, ки дар он маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо, комиссари њарбии вилоят, раисони љамоатњои шањраку дењот, роњбарони ташкилоту корхона, муассисањо, муассисањои тањсилоти олї, миёна ва ибтидоии касбї, новобаста аз шакли моликият, мутобиќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи уњдадорињои њарбї ва хизмати њарбї” бояд омўзиши шањрвандони синну соли даъватиро ба роњ монда, рўйхати онњоро ба комиссариати њарбии шањру ноњияњо пешнињод намоянд. Дар асоси даъватномаи камиссариати њарбї шањрвандони синну соли даъватиро хабардор намояд, барои дар ваќти муайяншуда ба комиссириати њарбї њозир шудану аз муоинаи пешакии тиббї гузаштани онњо чорањо андешанд. Воќеан, баъзан њолатњое рух медињад, ки љавонони бемор пурра аз ташхис нагузашта ба хизмат сафарбар мешаванд. Барои рух надодани ин њолат тибќи ќарори раиси вилояти Хатлон сардори Раёсати тандурустии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят барои гузаронидани муоинаи тиббї таљњизоти тиббї ва табибону мутахассисони ботаљрибаро таъмин намуда, бењдошти табобат ва солимгардонии синну соли даъватиро таъмин намояд. Тибќи наќша-чорабинињои омодагї ба даъвати бањорї комиссарони њарбии вилоят, шањру ноњияњо, њокимияти давлатї дар мањалњо, шуъбањои маориф, бахшњои љавонон ва варзиш, собиќадорони љангу мењнат бояд суњбату вохўрињо бо волидайну љавононро ба роњ монда, корњои таблиѓотиву ташвиќотї ва њарбїватандўстиро бо љалби Шўрои мењтарони љангу мењнат, љанговарони башардўст, собиќадорони Ќуввањои Мусаллањ, ташкилотњои љамъиятиву дохилї, васоити ахбори омма бо даъватшавандагон бо ташкили дидорбинї бо сарбозону афсарони Ќуввањои Мусаллањ доир намоянд. Ташкил намудани вохўрии љавонони синни то даъватї ва даъватї бо хизматчиёни њарбии љузъу томњои ќисмњои њарбии њудуди шањру ноњияњо ва шинос намудани онњо бо шароити зисти сарбозон имкон медињад, ки дар ќалби љавонон хизмати содиќона ба ватан, њимояи марзу буми кишварро баланд бардоранд. Ташкил ва гузаронидани бозињои њарбии варзишии “Ватанпарвар” ва “Сипар” ба муносибати 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар муассисањои таълимии шањру ноњияњои вилоят низ яке аз бандњои наќша-чорабинињо ба шумор меравад. Ташкил, таъмин ва маблаѓгузорї аз њисоби буљети мањаллї барои курсњои кўтоњмуддати ронандагї ва сариваќт бо шањодатномаи

ронандагї таъмин намудани даъватшудагон дар муассисањои мазкур низ дар назар дошта шудааст. Ин гуна тадбирњо имкон фароњам меоварад, ки љавонони аз њама љињат обутобёфта ба сафи Ќуввањои Мусаллањ сафарбар гарданд. Дар воќеъ, тибќи ќарори раиси вилоят аз 20 декабри соли 2019 тањти раќами 329 масъулини шањру ноњияњо ва комиссариатњо, ташкилоти мададгори мудофиа ва Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилоят бояд бањри таъсиси курсњои кўтоњмуддати ошпаз, ронандагї, тракторчї, сартарош, кафшергарї ва дигар ихтисосњои зарурї бо маблаѓгузорї аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатї чорљўї намуда, барои сафарбар намудани онњо ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон чорањои мушаххас андешанд. Њамчунин, бо ќарори раиси вилояти Хатлон аз 3 январи соли 2020 тањти раќами 3 “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар муассисањои таълимии Кумитаи вилоятии ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар даъвати бањории соли 2020” комиссариати њарбии вилоят, кумитаи вилоятии ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон, раисони шањру ноњияњо муаззаф гардиданд, ки дар баробари љоннок намудани чорабинињои њарбию ватандўстї ва мудофиаи њарбї бањри баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисон дар муассисаи таълимии ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон тадбир андешанд. Њамчунин, комиссариати њарбии вилоят, Кумитаи вилоятии ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон, Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар вилоят дар њамкорї бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо барои бењтар намудани сифати интихоб ва тайёр кардани љавонон ба хизмати њарбї чораљўї намоянд. Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят, комиссариати њарбии вилоят низ дар якљоягї бо ташкилотњои болозикр доир ба соњибихтисос гардидани љавонони даъватшаванда ва бењтар намудани сифати интихоби даъватшаванда ба таълимгоњњои мазкур корњои ташвиќотиро вусъат дињанд. Дар ин замина идораи телевизион ва радиои вилоят, нашрияњои вилоятии “Хатлон”, “Новий Хатлон”, “Дўстлик” ва маљаллањои “Сафо” ва “Мењровар” љињати инъикоси њамаљониба аз чорабинињои муассисањои таълимї, Кумитаи вилоятии ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон оид ба тайёр кардани љавонон ба Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон барномањо тањия карда, маќолањо нашр намоянд. Дар асоси ќарори мазкур наќша-чорабинињо тањия гардидааст. Татбиќи он имкон фароњам меоварад, ки љавонони ватандўсту њамаљониба обутобёфта ба хизмати ватан рањнамун гарданд. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»


4

ХАТЛОН

ЉУМЪА, 10 январи соли 2020, №4 (3240)

Дар партави Паём Забон ойинаест, ки дар он симои пурљилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба ќадри ин нишонаи њастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омўзиши забонњои русиву англисї њамчун забонњои муоширати байналмилалї эътибори аввалиндараља дињем. Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН

ПАЁМ РАЊНАМОИ МО Дар Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон якчанд масъалањо мавриди муњокима ќарор гирифтанд, муњимтарини онњо бешак масъалаи азхудкунии забонњо буд. Мо бояд забони шево ва шоиронаи тољикиро мисли модар ва ватани худ дўст дорем, онро њамчун гавњари бебањои њастиямон њифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурљилои миллат равшан инъикос мешавад. Дар баробари ин, ба омўзиши забонњои русиву англисї, њамчун забонњои муоширати байналмилалї эътибори аввалиндараља бидињем. Мо омўзиш ва аз худ кардани забонњоро на танњо барои худнамої, балки бо маќсади маърифатнок гардонидани љомеа густариш медињем. Аз ин рў, њар як фарди бедордил мебояд барои ѓанї гардидани забони модарї ва омўхтани забонњои хориљї кўшиш кунад ва ба мутолиаи китобњои бадеї таваљљуњ зоњир кунад, љињати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Ба ин васила метавонем фарњангї будани миллати худро ба љањониён бештар муаррифї намоем. Масъалаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат ба он диќќати махсус дод, ин масъалаи баланд бардоштани музди мењнати маориф-

чиён ва баланд бардоштани маќоми иљтимоии занон дар љомеа аст. Ба њамагон маълум аст, ки зан дар оилаи тољик њамеша наќши асосї дошт ва дорад. Зеро иффату зебої, фурўтаниву маърифатнокї хоси зан буда, ба зиндагии мард ва ањли хонадон таровату покизагї мебахшад. Њамин аст, аз оѓози таърих то ба имрўз мардуми мо ба маърифатнокии зан ањамияти хоса дода, кўшидааст, ки онњо дар љомеа пешоњанг бошанд. Дар зиндагї пешоњанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медињад, ки сатњи маънавии оила баланд шуда, кўдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарњанги оиладориро ташкил медињад. Наќши зан-модар, махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарњанг, донишњои муосир ва, умуман, камолоти маънавию ахлоќии фарзанд барљаста мебошад. Умед аст, ки дар амалї намудани дастуру њидоятњои дар Паём ироа шуда баробари ањли љомеа духтарон ва бонувони мо њамчун шахсиятњои арзандаи халќу ватан амал хоњанд намуд. Муќаддас РУСТАМЗОДА, декани факултети забони русии ДДБ ба номи Носири Хусрав

ИФОДАГАРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ Паёми навбатии Пешвои миллат инъикосгари дастоварду комёбињои миллат, идомаи корњои ободонию бунёдкорї ва созандагї, љињати таъмини зиндагии шоистаи мардум аст, ки љомеаи моро ба њадафњои бузург ва амалисозии орзуву ормонњои њазорсолаи мардуми шарифи Тољикистон ва миллати ватандўсту худогоњ, хештаншиносу матинирода хоњад расонд. Баъди мутолиаи Паём бори дигар эътимоду боварї ва муњабат бар ин марзи муќаддас дар ќалби њар як љавони ќавиирода бо боврии зиёд њосил мегардад. Тољикистони бињиштосо ва соњибистиќлоли мо дар вазъи кунунии љањони муосир ва амнияти љањон дар роњи интихоб намудаи хеш, расидан ба њадафњои муњим собитќадам аст. Пешвои миллат таъкид

кардааст, ки таъмин намудани зиндагии шоистаи мардумро дар мадди аввал гузошта, ба хотири хушбахтї ва саодатмандї, рўзгори орому осоиштаи халќу ватани хеш саъю кўшиш бояд намуд. Дар Паём, Пешвои миллат пеш аз њама, диќќати заруриро ба соњаи маориф равона сохта, солњои 2020 - 2040-ро соли омўзиши фанњои даќиќ, табиатшиносї арзёбї намуда, дар ќатори онњо таъкид менамояд, ки забонњои хориљї аз љумла русї, англисї ва инчунин технологияи иттилоотї хуб ба роњ монда шавад. Бино ба таъкиди Сарвари давлат њар як фард соле бояд на кам аз 5 китобњои бадеиро мутолиа намояд. Инчунин насли навро дар руњияи худогоњї, ватандустї, хештаншиносї тарбия намудани падару модарон ва омўзгорон шарт ва

зарур аст, то насли ояндасоз ба ќадри ин марзи муќаддас расад, арзишњои миллиро пос доранду эњтиром намоянд. Таваљљуњи Њукумату давлат ба соњаи маориф хеле зиёд аст. Зеро њамаи соњањо аз соњаи маориф сарчашма мегирад. Месазад, ки падару модарон ва омўзгорон дар дили наврасону љавонон муњаббати Ватану ватандорї, худшиносии миллиро бедор намоянд. Вобаста ба њидоятњои дар Паём ироа гардида бо дили гарму лутфу мењрубонї фарзандони мардумро тарбияи дуруст дињем, дар сиришти онњо муњаббати ин Ватани азизу мањбубамон -Тољикистонро љой дињем. Сайњомид САФАРОВ, ноњияи Муъминобод

АЗ ОМЎЗГОРЇ ОБРЎ ЁФТАМ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбати худ, 26 декабри соли 2019 ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, аз љумла чунин ќайд намуданд: “Дар марњилаи кунунии пешрафти Тољикистон ба соњањои илму маориф афзалияти аввалиндараља дода мешавад, зеро онњо дар тањкими пояњои давлати демократї ва њуќуќбунёду дунявї наќши калидї мебозанд.” Баъди шунидани чунин таваљљуњи бевоситаи Сарвари давлат ба соњаи маориф, ки дар сиёсати худ аввалиндараља њисобидаанд, солњои аввали кориам то ба охир пеши рў омаданд. Охири солњои 50-ум буд. Зиндагї чун имрўза серу пур ва тинљу ором набуд. Мо-як гурўњ толибилмони ташнаи илму дониш, аз тамоми гўшаю канори Тољикистон, дар интернати Кадучии ноњияи Восеъ якљо мехондем ва тањти тарбияи халќу ватан ќарор доштем. Давлат моро мехононд, мехўронд ва мепўшонд. Ягон камбудї надоштем. Аз марњамати давлату Њукумат ризо будему ватани худро ба љону дил дўст медоштем. Гўё фарзандони як падару модар будем. Баъди хатми синфи 10-ум њуљљатњоямро ба Донишгоњи тиббии шањри Душанбе супорида, донишљў шудам. Вале шавќ дар дил дигар буд. Њанўз дарсњо сар нашуда, њуљљатњоямро гирифта, ба ноњияи Абдурањмони Љомї омадам. Азбаски омўзгор намерасид ва њамин касб маќсаду мароми ман дар зиндагї буд, маро ба кор ќабул карданд. Пас аз як соли омўзгор шуда кор кардан, њуљљатњоямро ба Донишгоњи омўзгории шањри Душанбе ба номи ба номи С. Айнї (онваќта Т.Г. Шевченко), шуъбаи таъриху филология супоридам. Акнун он фикру маќсаде, ки ман доштам, яъне омўзгори њаќиќї шудан, љомаи амал пўшид. Пас аз хатми донишгоњ бозпас ба ноњияи Абдурањмони Љомї, ки онро љойи зист ќарор дода будам, ба кор омадам. Корро аз омўзгорї

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

оѓоз намуда, бо гузашти солњо, дар вазифањои гуногуни соњаи маорифи халќ кор кардам. Дар ин байн маро борњо ба кору вазифањои гуногуни хољагии халќ даъват мекарданд. Лекин ман, ки тарбияи кўдаконро дўст медоштам, аз кору вазифањои маорифи халќ берун нарафтам. Дар њамин љода кор кардаму обрў ёфтам. Солњои тўлонї дар соњаи маориф кор кардам. Фахр мекунам, ки садњо нафар фарзандони халќро соњибихтисос гардондам. Шогирдонам дар њамаи соњањои хољагии халќ кору фаъолият доранд. Садњо нафар омўзгор, дањњо нафар табиб, коркунони корњои дохилї ва дар дигар соњањои масъул фаъолият доранд. Шогирдонам маро њурмату эњтиром менамоянд. Ифтихор мекунам, ваќте маро «устод» гўён њолпурсї мекунанд. Ин барои омўгор бањои баланд аст. Аз ин рў, бо боварї гуфта метавонам, ки касе дар куљое, кадом соњае кор накунад, таълиму тарбияи омўзгорро нагирифта, ба мартаба намерасад. Дар урфият мегўянд, ки: Њељ кас аз пеши худ чизе нашуд, Њељ оњан ханљари тезе нашуд. Суханваре нест дар бораи омўзгор чизе нагуфта бошад ва бе омўзгор ба сањифаи илму адаб ќадам монда бошад. Шоире гуфтааст: Љањл аз худ дур мебояд намуд, Дафъи ин манфур мебояд намуд. Аз чароѓи илму нури маърифат, Синаро пурнур мебояд намуд. Хотири худро ба боѓи илму фан, Хурраму масрур мебояд намуд. Дар урфият мегўянд, ки агар хоњї, ки умри дароз бинї, омўзгор шав ва ё дарахт биншон, яъне њар ду амал номи инсонро зинда медорад. Омўзгорони азиз, њиссаи худро дар тарбияи шогирдони ватандўсту ободкунандаи имрўзу фардои Тољикистони азиз дареѓ надоред. Наѓзибеки ХУДОЇ, ноњияи А. Љомї

Нуќтаи назар Раванди љањонишавї байни давлатњои абарќудрат, махсусан, давлатњои рў ба инкишоф нобасомонињои зиёдро ба бор овардааст. Онњо дар пайи манфиати хеш байни кишварњо, тамаддунњо, мамлакатњо, эътиќодњо ва њатто байни њаммиллату њамдинњо низоъ андохта, онњоро ба шўр ангехтаанд. Њодисањои Сурия, Ироќ, Лубнон, Яман, Афѓонистон, Нигерия, Украина, далели дурустии ин андеша аст. Солњои навадуми асри пор аз хотирњо фаромўш нагаштаанд. Нотавонбинони давлати тозаистиќлоли тољикон, намояндагони як миллату як динро бо њам дар ситез оварду љанг андохтанд. Мо бародаркушї кардем, шањру дењоти худро сўхтаву харобу валангор намудем. Ба буљаи давлату бошандагонаш хисороти гўшношуниде расонидем. Ѓосибони бедину беимони хориљї душманонамонро аз дохили худамон пайдо карданд. Онњоро бо пулу пайсаи ночиз, ваъдањои риёкоронаи носавобу насия ба майдон оварданд. Ин тоифаи бегумон аз асли миллату ватан, дину мазњаб, дар сар њавои молу мансаб «аз хоби гарон хез!» гўён мардумро ба бародаркушї, харобкорї, оташзанї оварданд. Мо-њаммиллатон ба якдигар чунон љањолат кардем, ки имрўз аз гуфтанашон шармамон меояд. Ин ноќобилони дањрдушманони мо имрўз њам, чун каждуми зери бурё, фаромўш аз дунёву охират, тайёранд њар замон, њар ваќт ба тани мо неш зада, бадани моро, асаби моро зањролуд бисозанд. Фарзандони ин миллати бостониву таърихї, диловару шуљоъро ба доми найранги худ гирифтор кардаву онњоро террорист, экстремист, ифротгарои хунинчашм бисозанд ва вазъияти сиёсии ватанро ноором бигардонанд. Онњо дар миёни мо, бо моанд, аз як њаво нафас мегиранд. Аммо маќсаду маромашон дигар асту дили сиёњ

РЎЊ БО ИЛМ АСТУ БО АЌЛ АСТ ЁР доранд. Гўли шайтон ва хоњиши бепоён имрўз онњоро ба њар мулк бурдаву мусофир ва ѓариб кардааст. Онњо имрўз бо таблиѓоти муѓризонаи Кабирї-осии мулк, оворагарди диёри бегона шуда, сари худро ба њар дар-дари ноошноён, бегонагон халонида, имдод мепурсанд, ба љониби ватани хеш, миллати хеш, њамдину њаммазњаби худ санги маломат њаво медињанд. Бехабар азонанд, ки Худованд касеро дўст надорад ба ѓурбаташ мубтало месозад, азобро ба сараш меорад. Беватанї, мусофирї, дарбадарї магар азоб нест?! Онњои саргардон, дарбадар бояд дарк кунанд, ки Кабирї бо дасти холї љилои ватан накардааст. Ўро бахилони дањр, бадхоњони миллату давлати мо њамчун як соил, пулу пайсаи ночизеро ба чанголаш ќапонида, дар пешаш вазифањоеро дар боби нооромии халќу диёраш гузоштаанд. Њарчанд ин маблаѓњо ночиз бошанд њам, барои айшу нўши Кабирї, фарзандони дулдулсавори ў ва зављањои пуркарашмааш басанда аст. Аз ин маблаѓњо думравонаш чун лошахўрњо чизеро нокифоя њамчун садаќа мегиранд. Моро, роњбарони моро зарур аст, ки аз мардум канораљўї накарда, дар фикри тарбияи дурусти наврасону љавонон бошем. Таъкидњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, шахси дилогоњу ватанхоњ, ободгар Президенти муњтарами кишвар Эмомалї Рањмонро ба љо оварда, чун ў ёвару мењрубони бошандагони диёр бошем, дар андешаи ободсозии мулк ранљ бибарем. Аз пайи таблиѓоти ѓояњои ватанхоњонаи роњбарияти олии давлат бошем. Њама саросар дар фикри ободии ватану хушбахтии њамватан

кору зиндагї кунем. Њадаф аз ин гуфтор њамин аст, ки мо муттањид бошем, ватанро дўст дорем, обод созем, як луќма нонамонро дар њамин диёри худ пайдо намоем. Роњбарони моро зарур аст, ки љойњои кории нав ва маоши љавобгў ба талаботи сабадчаи истеъмолї пайдо кунанд. Љањони муосир нињоят хатарзо шудааст. Масалан дар Сурия, Ироќ, Лубнон, Яман, Украина чї рўйдодњои сангину беадолат рух дода истодаанд. Пиру барно њадафи тир ќарор гирифтаанд. Гуруснагї, беобї, хуруљи беморињои гуногун њоли мардумро ба танг овардааст. Соњибќудратон бо ваъдањои бардурўѓу пуч домани мардумро пур карда, ба сарашон гулўлаву бомба мепартоянд, шањру дењот ва хонањояшонро харобу валангор месозанд. Худ ва фарзандонашонро ба ќатл мерасонанд, захмиву ранљур месозанд. Каси имондор ба онњо нигариста мегиряд. Хун ба рўйи тифлакону наврасон, момову бобоњо шорида, чун хаёлгумкардањо ба њар тараф бемаќсад даву тоз мекунанд. Тариќи телевизион борњо дидаам, ки кўдакони 7-10 солаи Донбас, Сурия, Ироќ бо сару рўйи хуншор ва нигоњи имдодталабона менигаранд, мадад мељўянд, нон мехоњанд. Боре дидам араббачаи суриягиро, ки бо сару рўйи хунолуд, бо дастони љароњатбардоштааш луќмаи нонеро, ки сарбози рус ба ў дод, гирифта њарисона хўрд. Гуруснагї ўро маљбур сохта, ки дарду сўзиши сари кафида ва тану љони захмбардоштаашро њис накунад. Маълум аст, ки онњо гуруснаанд, рўзњои зиёд ќути лоямутеро надидаанд. Маълум, ки барои суди ночизе шайтонмиљозон ба сари насли Одам офату балоро овардаанд. Бузургони олам ва

муњаддисони бокарам дар боби дўстї, рафоќат, њамраъйї, њамдигарфањмї таъкидњои зиёди њикматноке доранд, ки ќабул, пайравї ба онњо кори хайру савоб асту накуї ба оламиён. Мавлоно Љалолиддини Балхї дар ин боб њикмате дорад. Гармии дасти дўст агар бошад, Аз зимистон бањор хоњам сохт. Биёед, мо дар соли рушди дењот, сайёњї ва ривољи њунарњои мардумї ин њикмати бузургро дастур дониста, њамватанони худ ва мењмонони бурунмарзиамонро бо ќалби гарму дасти нарм истиќбол намоем. Рисолати аљдодии хешро собит бисозем. Агар њамин тавр бикунем, бидуни шак, тољикем! Маънии вожаи «Вањдат»ро то замони нобасомонињои солњои 90-уми асри ХХ на њама медонистем. Имрўз ин калима ба вожањои Худо-Модар-Ватан њамроњ гашта, Худо-МодарВатан-Вањдат шудааст. Зињї вожаи «Вањдат». Худо кунад, ки миёни бошандагони замин њама ба вањдат биёянду сулњу дўстї, якдигарфањмї, ободсозї пойдор бигардад. Бигзор тифлакону наврасон, модарон, пиронсолон дањшати љангро набинанд. Онњое, ки ба сари башарият љанг меоранд, бидонанд, ки рўзе худашон ќурбони ин њаракати нољои хеш мегарданд. Набояд фаромўш кард, ки ба зиндагии осоишта пеш аз њама илму аќл зарур аст. Пири маонї Мавлоно Љалолиддини Балхї дар ин боб барњаќ фармудааст: Рўњ бо илм асту бо аќл аст ёр, Рўњро бо тозиву туркї чї кор? Абдуллоњ БОБОЕВ, шањри Кўлоб

ИЛОЉИ ВОЌЕА ПЕШ АЗ ВУЌЎЪ Рўзњое буданд, ки мардуми мо дар ватани худ, дар хонањои хеш амну осуда намезистанд. Њама беќарор ва дар воњима будем. Ташаккур мегўем ба Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки аз минбарњои баланд масъалаи зарурияти њифзи ягонаи Тољикистон ва аз парешонї нигањ доштани ин давлату ин миллати ба доми оташкашидашударо гузошту кишварро аз нестшавї, миллатро аз парокандашавї наљот дод. Имрўзњо, ки соњибихтиёрї ва мустаќилият барои мо дастовардњои сиёсї ва иќтисодиро ато намудааст моомўзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани њар гуна мушкилињои муњими истењсолї, сиёсї ва иќтисодї омода ва тайёр бошем. Президенти мамлакат бо боварии том соњаи маорифро яке аз соњањои афзалиятноки љомеа унвон додаанд. Мо кормандони соња бояд ба ин эњтиром арзанда ва содиќ бошем. Дар љањони имрўза њизбу созмонњои ифротї реша давонда, мехоњанд амнияту суботи кишвари азизамонро, ки бо хунрезї ва љоннисорињои њазорон нафар фарзандони содиќи ватан насиби мо гаштааст, аз

нав, бо њар роње, ки набошад халалдор созанд. Пешгирии шомилшавии љавонон ба њаракатњои ифротгарову террористї имрўз њадафи ягонаи насли калонсоли љомеаи љањонї гардидааст. Яке аз падида ва њаракатњои номатлубу ифротие, ки дар заминаи эътиќодњои диниву мазњабї амал мекунад, экстремизм мебошад. Ин гурўњ бо њар гуна роњу воситањо, пеш аз њама, бо мусоидати аксар давлатњои хориљї ба кишварњои Осиёи Марказї, аз љумла ба Тољикистони соњибистиќлоли мо интиќол ёфта, хатари ба миён омадани имконият ва заминањои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазњабї, вазъи сиёсию идеологї ва суботу амнияти дилхоњ кишварро дар пай дорад. Дар њамин самт Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии хеш бори дигар мардуми кишварро огоњ ва таъкид сохт, ки њушёр бошанд, зиракии сиёсиро њељ гоњ аз даст надињанд. Омилњое, ки љавонону наврасони дониши мукаммал ва таљрибаи њаётиву сиёсї надоштаро ба доми њиллаву найранги

њаракатњо ва гурўњњои ифротгаро гирифтор месозанд, зиёд ва бешуморанд. Барои он, ки фарзандони дониши мукаммал ва таљрибаи њаётиву сиёсї надошта ба доми њиллаву найранги ин гуна њаракатњо ва гурўњњои ифротгаро гирифтор нагарданд, мо бояд њар лањза чашму гўш ва аќлу њуши фарзандони худ бошем. Зеро «Илољи воќеа пеш аз вуќуъ мебояд» гуфтаанд. Яъне љавононеро бояд тарбия намоем, ки таќдири худ ва таќдири ояндаи љомеаро ба даст гирифта, фаъолияташонро дар соњањои муайяни љамъиятї пеш баранд ва њамзамон бурда тавонанд. Тарѓиби вањдат ва тањкими сулњу амонї имрўз яке аз вазифањои аввалиндараља ва яке аз самтњои асосии фаъолияти њар як муассисаи тањсилоти миёнаи умумї ва олии касбї мебошад. Љавононро тавре тарбия бояд кард, ки онњо дар интихоб, хулосабарорї ва пешбарии њаёти худу љомеаи инсонї мустаќил бошанд, аз тафаккури дастнигар дурї љуста, ба тафаккури созанда рў оваранд. Ба ќувва ва неруи худ боварї њосил намоянд. Муњаббат РАЊМАТОВА, омўзгори МТМУ №14-и шањри Кўлоб

ХАТАРИ ЉИДДИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ Яке аз масъалњое, ки имрўз љомеаи љањониро нигарон кардааст, афзоиши терроризму экстремизм мебошад. Ин љараёни хатарзо ба худ хусусияти берањмиро касб карда, мардуми сайёраро водор мекунад, ки љињати пешгирии он андеша намояд. Љумњурии Тољикистон њамчун узви баробарњуќуќи љомеаи љањонї, нисбат ба чунин мушкилот бетараф нест ва њамеша зидди ин гуна њизбу њаракатњои ифротї муборизаи беамон хоњад бурд. Љумњурии Исломии Афѓонистон, ки ба кишвари мо њамсарњад мебошад, солњост дар њоли нооромї ќарор дорад ва ин Љумњурии Тољикистонро дучанд нигарон кардааст. Мавриди зикр аст, ки кирдорњои террористї бо маќсади гуногун тарњрезї гардида, дар натиљаи амалиёти манфиатљўёнаи онњо њамасола

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

њазорон шањрвандони осоишта ва бегуноњ ба њалокат мерасанд. Яке аз сабабњои афзоиши њизбу њаракатњои ифротї ба баъзе мадрасањои исломии берун аз кишвар љалб ва ба тањсили ѓайриќонунї фаро гирифтани љавонон мебошад. Мутаассифона, дар Љумњурии Тољикистони азизи мо низ аз солњои 90-уми асри гузашта сар карда, созмоне бо номи Њизби нањзати исломї бо маќсадњои нопоку бадхоњона ва љинояткорона ба сањнаи сиёсат омад. Ин ташкилот ватани мањбуби моро ба хоку хун оѓўшта кард. Гурўњи номбурда бо роњи низоъандозї фазои орому осоиштаи кишварро халалдор карда, њазорњо шањрвандро хонавайрону мотамзада гардонид. Ширкати баъзе љавонони ноогоњ дар муноќишањои мусаллањонаи давлатњои хориљї мањз бо тарѓиб ва ташвиќи

њамин хоинони љинояткор сурат гирифтааст. Њарчанд ин њизб дар Тољикистон мамнўъ эълон гардида, фаъолияташ њамчун ташкилоти террористїэкстремистї боздошта шуда бошад њам, аммо ин хоинону риёкорон аз дур истода, бо њар роњу восита боз мехоњанд љавонони бонангу номуси миллати тољикро дубора ба шўр андозанду сафи гурўњи љинояткоронаи худро афзоиш дињанд ва фазои сулњу суботро ноором созанд. Мушкилоти аслї он аст, ки доираи ин гуна зуњуроти нангини замон рўз аз рўз васеъ гардида, сатњи љањонро фаро гирифта истодааст. Барои мисол, яке аз онњо гурўњи террористии ба ном Давлати исломист, ки аз рўйи санљишњои байналмилалї намояндагони он ќариб дар аксари кишварњои олам фаъолияти пинњонкорона доранд.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Исматулло ЊАСАНОВ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

Вале бештари онњо дар Сурияву Ироќ барои ба сари ќудрат омадан мубориза бурда, ба куштору вањшоният даст мезананд. Аммо инро бояд донист, ки дигар њељ гурўњи љинояткору террорист фарзандони бонангу номуси Тољикистонро фирефтаи маќсадњои нопоки худ ва кишвари тозаистиќлоли Тољикистонро доѓдор карда наметавонад. Дар чунин шароити мураккаб њар яки моро мебояд, ки бањри ободонии кишвари азизамон аз як гиребон сар бароварда, бо чунин гурўњњои террористиву эктремистї муборизаи беамон барем, Тољикистони тозаистиќлолро бо ташаббусњои созандаи хеш дар арсаи байналмилалї муаррифї кунем ва сулњу суботи ватани худро мисли гавњараки чашм њифз намоем. Умед ШАМСОВ

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 9.01.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10900 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муњосибот: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №4-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu