ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №30 (3266)
чоршанбе, 10 июни соли 2020
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Ташаккур ба Пешвои миллат, барои кумакњои хайрхоњона Паҳншавии бемории COVID-19 ба беш аз 200 мамлакати дунё хатари дигареро ба олам бор намудааст. Садҳо давлатҳои мутараққии ҷаҳон аз ин вабои маргафзо роҳи халосӣ меҷӯянд. Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати пешгирӣ, интиқол ва паҳншавӣ аз ин бемории маргафзо андешиданд. Натиҷаи ин буд, ки ин беморӣ хеле дертар, моҳҳои май ба Тоҷикистон ворид гардид. Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон низ баҳри пешгирӣ ва табобати бемории COVID -19 тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар ин самт хизмати табибон ва тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ назаррас аст. Табибони ҳозиқ шабонарӯзӣ баҳри табобати гирифторони бемории сироятӣ талош меварзанд. Хизматҳои содиқонаи пизишкон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар шахсони хайрхоҳу
некандеш қадрдонӣ меёбанд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибону беморони вилояти Хатлон низ пайваста кумакҳои моддиву молӣ расонида мешавад. Чанде қабл кумаки Роҳбари давлат иборат аз 230 мошинҳои калонҳаҷми боркаш вориди Хатлонзамин гардида, ба 25 шаҳру ноҳияи вилоят расида буд. Дар ин корвони кумаки Роҳбари давлат дар баробари доруворӣ, таҷҳизотҳои тиббӣ, ҳамчунин, маводҳои хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон иборат буд. Табибону сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ин иқдоми навбатии президенти мамлакат шоду мамнун гардиданд. Миннатдории чанде аз сокинони гуногунсолу гуногункасби шаҳру ноҳияҳои вилоятро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.
Азизи Фаттоҳ, сокини ноҳияи Шаҳритуз: Бемории COVID- 19 имтиҳони ҷиддиест барои тамоми мардуми сайёра ва он пеш аз ҳама ҳамдилӣ, муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмии инсониятро тақозо менамояд. Роҳбари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо хислатҳои неки инсонпарваронааш собит намуд, ки пайваста баҳри беҳбудӣ ва солимии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мавзуна Ҳамдамова, табиб: “Миннатдории хешро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки дар чунин шароити душвор шабонарӯзӣ ғами мо-табибонро мехӯрад, кумакҳои зиёде ба табибон мерасонад. Тағайзода Рустам, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор: “Ин иқдоми башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум умеду дармон мебахшад. Онҳо яъсу ноумедӣ тарсу ҳаросро аз қалби хеш бурун сохта, дар мубориза бо бемории коронавирус COVID19 дастболо мешаванд. Табибон бо амри дил шабонрӯзӣ камари
ИШТИРОКИ њАЗОР НАФАР ДАР СОХТУСОЗИ МАНЗИЛњОИ НАВ Имрӯзҳо сохтмони манзилҳои зисти сокинони деҳаҳои 18ум анҷумани ҳизб ва Неъматулло Асадуллои ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи омадани сел ва ярч рӯзҳои 1416 майи соли 2020-ум зарар дида буданд, вусъати тоза касб намудааст. Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғ ба ҳар яке аз 67 хонаводаи зарардида 8-сотихӣ замин барои сохтмони манзил ҷудо шудааст. Сохтмони хонаҳои нав бомаром идома дорад. Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади тезонидани корҳои сохтмонӣ (шабона) дар ин маҳал чароғҳои неруманд насб карда шуда, хатти оби нӯшокӣ кашидаанд. Инчунин, ҳамарӯза барои то ҳазор нафар аҳолии зарардида аз офати табиӣ ва сохтмончиёну коргарони ихтиёрӣ ду вақт - нисфирӯзӣ ва шомгоҳ таоми гарм тайёр карда мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Ситоди бартарафкунии офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон 1 адад нақлиёти тамғаи “Урал”-ро, ки дорои таҷҳизоти зарурӣ барои ташкили ситоди сайёр аст, дастрас намудааст. Аз тарафи муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Хуросон тавассути грейдер 1 км мавзеи шаҳрчаи хаймавӣ ҳамвор карда шуд. Инчунин 1 адад мошини борбари “КАМАЗ” барои кумаки аҳолӣ дар корҳои сохтмонӣ сафарбар шудааст. Аз тарафи ширкати “Синоҳайдро” 2 адад “КАМАЗ” ҷудо карда шуда, дар бунёди
манзилҳо ба аҳолии зарардида хизмат мерасонанд. Танҳо бо ибтикори хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон дар як рӯз 5 маротиба санг барои рафти сохтмони хонаҳо кумак расонида шуд. Дар шаҳрчаи хаймавӣ навбатдории шабонарӯзии табибон ва оташнишонҳо бо воситаҳои нақлиётии махсус ташкил карда шудааст. Тамоми хонаводаҳо аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳамчунин, кӯдакон моякӯбӣ мешаванд. Тамоми қаламрави шаҳрчаи хаймавӣ пурра бо барқ таъмин карда шудааст. Сироҷиддин Бобохонов, сарвари яке аз 67 хонаводаест, ки дар маҳалли Чорбоғ соҳиби 0,08 га замин шуда, аллакай зербинои манзилашро бунёд кардааст. Ӯ мегӯяд, ки аз ҷониби давлат барои оилааш масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, тахта, арматура, инчунин, миқдори кофии маводи озуқа дастрас шудааст. Ихтиёриён ва сарбозони КҲФ дар кори сохтмони манзил ба хонаводаи С. Бобохонов ва дигар зарардидаҳо мунтазам кумак мекунанд. Маҳмурод Солиев низ аллакай лоиҳаи сохтмони манзилашро аз мутахассисони соҳаи бинокорӣ дастрас намудааст. Ӯ низ айни замон кумакҳои болозикрро даст-
ҳиммат баста, баҳри тансиҳатии аҳолӣ талош меварзанд.
Назокат Дусматова, табиб, аз ноҳияи Ҷайҳун: “Аз он изҳори хушнудӣ менамоем, ки дар баробари кумакҳои моддӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ доштанд ва бо мо -табибон мулоқот оростанд. Дар баробари тавсияҳои хуб таъкид доштанд, ки табибон бояд дар баробари табобат муомилаи неку забони ширин дошта бошанд, то ин ки ба дардмандон даво бахшанд. Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни мотабибон хуб нақш бастааст: “Мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии онҳо тамоми шароитро фароҳам оварем”. Ҳамдиливу дардошноӣ бар зидди дарду парешонӣ аст, аз ин хотир аз номи табибони ноҳияи Ҷайҳун миннатдории самимии хешро ба Роҳбари давлат мерасонем. Гулмаҳмадзода Замир, сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон: Кумакҳои моддии Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибони ноҳияи баландкӯҳи
Балҷувонро низ хушҳол намуд ва табибон шабонарӯзӣ пайи шифо бахшидан ба маризон талош меварзанд. Ба Роҳбари давлат арзи сипос намуда, мегӯем: “Мотабибон ба боварии шумо сазовор хоҳем гашт”. Нигина Раҳимова, сокини шаҳри Норак: “Мо модарони Норакшаҳр миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, зеро дар лаҳзаҳои вазнин пайваста пуштибонӣ аз халқу миллат менамоянд. Дар ин вазъияти вазнин низ табибону беморони гирифтори коронавирус -(COVID 19)-ро дастгирӣ намуданд. Хизматҳои содиқона, ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳфаи таърих бо хатҳои зарҳалин сабт гардидааст. Ба қалбҳои ноумед умед бахшид, халқу давлатро аз вартаи нестшавӣ эмин дошт, сулҳу суботро дар Тоҷикистон пойдор намуд, ватани азизи моро ба биҳишти нозанин мубаддал кард. Ин ҳама хизматҳои родмарди асили ватан, фарзанди номдори модари тоҷик ба табибону сокинони ватанамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. А. Сафарзода
БАњОИ БАЛАНДИ ВИРУСОЛОГњОИ ХИТОї
Табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нав - COVID-19 яке аз ҳадафҳои аслии сафари гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб аз Чин ба Тоҷикистон мебошад.
рас намуда, барои ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия изҳори миннатдории самимӣ мекунад. - Аз рӯзи аввали сар задани ин ҳодиса мо худро танҳо эҳсос намекардем, - мегӯяд М. Солиев. - Тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар паҳлуи мо буданд. Аз роҳбарияти давлат, вилоят, шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки пайваста бо маводи ғизоӣ, ашёҳои рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида, дастгирии рӯҳию маънавиашонро дареғ намедоранд, сидқан сипосгузорам. - Ният дорам, ки то 1 август сохтмонро ба анҷом расонида, вориди манзили нави хуштарҳамон гардем, ки он аз 5 ҳуҷра иборат хоҳад буд, - мегӯяд Сироҷиддин Бобохонов. Қарор аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябр бунёди ҳамаи 67 манзили истиқоматӣ ба анҷом расида, оилаҳои зарардида ин ҷашни умумимиллиро дар манзилҳои нави худ пешвоз бигиранд. Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин нукта зимни мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҳайати 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб, вирусологҳо аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ба шаҳри Бохтар ташриф овардаанд, баррасӣ гардид. Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр намуд, ки табибони чиноӣ таҷрибаи ғании муқобила бо COVID19-ро доранд ва машварату ҳамкории мутахассисони тоҷик бо онҳо дар амри мубориза алайҳи ин беморӣ судманд хоҳад буд. - Ҳоло дар вилояти Хатлон 1666 муассисаи тиббӣ амал мекунанд, ки аз ин теъдод 1510 ададаш муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳианд ва шумораи умумии катҳои бистаринамоӣ дар вилоят ба 12 ҳазор адад мерасанд, - қайд кард муовини раиси вилоят. - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят Ситоди доимоамалкунандаро таъсис дода, имрӯзҳо тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат дода истодаанд. Аз ҷумла, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо бо мақсади пешгирии CОVID-19 амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон қайд гардид, ки шурӯъ аз моҳи феврал то имрӯз дар сатҳи вилояти Хатлон корҳои оммафаҳмонию тарғиботӣ ва безараргардонӣ дар тамоми муассисаю ташкилотҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо, корхонаю идораҳо, боғҳо, гулгашту хиёбон ва кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ гузаронида шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоотҳо саддҳои безараргардонӣ гузошта шудааст. Ба ҳолати 15 майи соли ҷорӣ дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон наздик ба 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. (Давомаш дар саҳ.2)
ИНШООТИ ОБГУЗАР ДУБОРА БА КОР АНДОХТА ШУД Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Хуросон бо тарҳи “Барқарорсозии иншооти обгузари муваққатӣ дар шохаи рости ПК 659+00 Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”-и ноҳияи Хуросон” шинос шуданд. Бояд гуфт, ки сели рӯзҳои 14-16 май шохаи рости канали калони деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросонро ба дарозии 140 метр вайрон карда буд. Шохаи рости канал 93 км 200 метр дарозӣ дошта, аз он 2800 гектар заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва 10400 гектар заминҳои ноҳияи Хуросон обёрӣ мешаванд. Дар мавсими обёрӣ тавассути ин канал то меъёри 11 кӯб об ҷорӣ мешавад. Имрӯзҳо Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон корҳои барқарорсозии канали обрави ноҳияи Хуросонро оғоз карда, васлу насби қубурҳои калони обгузарро дар масофаи 300 метр ба анҷом расонидаанд. М. Собиров, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят гуфт, ки насби қубурҳои нави қутраш 1820 миллиметра ба анҷом расида, иншооти мазкур пурра барқарор ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳангомаи ИСМАТ
КУМАКИ НАВБАТИИ СОњИБКОР ШАМСУЛЛО СОњИБОВ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, дастгирии табибон ва бемороне, ки ба ин навъи беморӣ гирифтор гардидаанд, то ин муддат ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон миқдори калони кумак, аз ҷумла маводи доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ, маҳсулоти ғизоӣ дастрас карда шуд. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад”. Зимнан пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дастгирии ҳамаҷониба ёфта, баҳри таъмини шароити зарурии табобат дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои бунёдкориву барқарорсозӣ ва расонидани кумакҳо амалӣ карда шуд. Маротибаи дуюм аст, ки соҳибкор Шамсулло Соҳибов
навируси нав табибон ва беморони гирифтори ин бемории сироятиро дастгирӣ намуда, бо ин амали хайру савобҷӯёнаи худ дар ҳифзи сиҳатии мардум саҳмгузор бошад. Кумаки навбатии соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов таҳти шиори “Шифо ва ҳамдилӣ” ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ дастрас гардид. Амирхон Айниев, директори маркази тибби оилавии шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки бо мақсади таъмини таҷҳизоти зарурӣ ба беморхонаи ноҳиявии Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ”-и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ин соҳибкори ватанӣ ба 7 шуъбаи алоҳидаи ин беморхона хатҳои нафасгирии оксигенӣ кашида шуд, ки то ин вақт чунин шароит дар ин беморхона мавҷуд набуд. Ҳусния Ғафурова, мудири шуъбаи таваллуди беморхо-
миқдори зиёди доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббиро ҳамчун кумак ба вилоятҳои Суғду Бадахшон ва Хатлон интиқол медиҳад. Ин навбат низ бо мақсади дастгирии табибон, дастрасии бештари онҳо ба маводҳои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ як миқдор кумак ба вилояти Хатлон ворид карда шуд. Кумаки расида аз ниқобҳои пластикӣ, спирт, айнак, таҷҳизоти нафасдиҳӣ (оксигенератор, ИВЛ), либосҳои муҳофизатӣ иборат буда, ба иттилои масъулин, маводи дастрасшуда барои беморхонаҳои марказии гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят пешбинӣ гардидааст. Шамсулло Соҳибов соҳибкори муваффақи давр ҳадаф дорад, ки то охирин лаҳзаҳои коҳиш ёфтани шиддати коро-
наи ноҳиявии Кӯлоб зикр намуд, ки дар ин давраи ҳассос, ки тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистони моро низ фаро гирифтааст, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва хосатан бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми беморхонаҳои кишвар, аз ҷумла ба беморхонаи ноҳиявии Кӯлоб иловатан ду таҷҳизоти наву замонавии нафасдиҳӣ дастрас гардонида шуд, ки дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ кумаки арзанда аст. Бо мақсади таъмини шароити зарурӣ бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин беморхона иловатан боз 40 хати нави нафасдиҳии сунъӣ дар ҳуҷраҳои махсуси табобатӣ васл гардид, ки иқдоми мазкур аз ҷониби табибони шаҳри Кӯлоб ба хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳ. ИСМАТ
2
ХАТЛОН
Ба вабои аср COVID-19 дастболо хоњем шуд Пайдо шудану бо суръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус (COVID -19) вазъи ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонида, мардуми оламро ноорому осебпазир намуда, мушкилии зиёдеро пеш овардааст. Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аммо мардуми шарифи тоҷик набояд аз ин беморӣ ҳаросида, ба таҳлука афтанд. Тарсу ҳарос дар мубориза бо ин душман ба мо суде надошта, баръакс таъсири манфӣ ва пайомадҳои ногувори худро бо аҳли ҷомеа хоҳад расонд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қайд карданд: “Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз ҳисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд. Яъне, зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худди беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад. Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд бо эҳтиёт бошем ва ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдошти ҷиддӣ муносибат намоем”. Мо - халқи тоҷикро мебояд бо ин гуфтаҳои Пешвои худ амал намуда, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир дода, аз ҳар як ваҷаб замин, хусусан қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, самаранок истифода бурда, аҳли оилаи хеш ва мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намуда, сарфаю сариштакорӣ, сабру таҳаммул ва оромиву тамкинро бештар риоя намоем. Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дорад. Ҳамчунин, барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои
деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти хӯрокворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида истодаанд. Имрӯз ҳам иқдоми наҷиби пешгирифтаи пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми Тоҷикистон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории коронавирус (COVID -19) гирифтор шудаанд, нишони ғамхорӣ нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмӯъ, мардуми шарифи кишвар мебошад. Аз он ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ да ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати бемории сироятии COVID -19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 416 250 (дувоздаҳ милиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ маблағ ҷудо намуданд. Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемия (COVID -19) кушода шудааст, гузарониданд. Иқдоми навбатӣ-корвони кумак ба табибон ва шахсони мубталои бемории коронавируси нав ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ нишони раъиятпарварии Пешвои миллат аст. Дар ҳақиқат, беҳтарин накӯкорӣ ба дардмандон кумак кардан аст. Имрӯзҳо бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморони сироят-ёфта аз вирус кумак расонда шуд. Аз давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ба
қадри зарурӣ доруҳои зарурӣ, сарулибоси ҳифозоти инфиретӣ барои духтурону беморон, ҳамчунин, маводи хӯрокворӣ кумак расонида шуд. Саъдии бузургвор дуруст ва ба мақсад мувофиқ фармудааст: Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳоливу дармондагӣ. Беҳтарин далели инсонӣ хайрхоҳӣ, мададгорӣ, дасти эҳсон дароз кардан ба дардмандон ва эҳтиёҷмандон аст. Байни сарварони хайрхоҳи олам Эмомалӣ Раҳмон яке аз беҳтарин роҳбаронест, ки ҳамдаму ҳамроз, дардошнои халқи маҳбубаш мебошад. Бемории коронавирус имрӯзҳо ҷаҳонро ба ларза овардааст. Оламиён нигарони онанд, ки пеши роҳи ин вабои аср гирифта шавад. Ҳанӯз ҳам дар олам давое вуҷуд надорад, ки ин бемории инсонкӯшро табобат намояд. Давлатҳои дунё ба қадри имкон барои пешгирии ин бемории оламгир кӯшиш карда истодаанд. Ҳар як иқдоме, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш мегиранд, баҳри ободию шукуфоии давлат, ғамхорӣ нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва дастболо гардидан ба ин вабои аср, яъне коронавирус мебошад. Аз ин рӯ, мо-мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба таҳлука наафтода, ба ҳар гуна гапҳо бовар накарда, дар атрофи Роҳбари давлат сарҷамъ гардида, масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳаллу фасл намоем. Сарвари хирадманд, ояндабин ва меҳандӯсти мо Эмомалӣ Раҳмон пеш аз оламро фаро гирифтани бемории коронавирус ба тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, бо мардум вохӯрда, мулоқотҳои самимию ошкорро анҷом дода, фикру мулоҳизаҳои арзишманди хешро ошкоро баён карданд. Таъкид намуданд, ки вобаста ба вазъияти тағйир ёфтани обу ҳавои ноустувор ба андозаи дусола маводи хӯрока захира намоем. Муҳим аст, ки аз ҳар порча замин оқилона истифода карда, соле ду-се ҳосил ба даст оварем. Ҳар оила аз замини наздиҳавлигии хеш самаранок истифода барад, ба қадри кифоя маводи хӯрокворӣ захира намояд. Бо боварии комил ва иродаи қавӣ метавон гуфт, ки мардуми обутобёфтаи Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона гузашта метавонанд. Ҷовидони Ҷӯрахон, сармутахассиси Раёсати иҷроияи вилояти Хатлон Б. Сайдалиев, рӯзноманигор
Кумаки молиявї ба собиќадорони матбуот Дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои инсонпарваронаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари вилоят кумакҳои хайрхоҳона ба табибон, собиқадорони меҳнат аз ҷониби шахсони алоҳида, ташкилоту муассисаҳо, вазорату кумитаҳо расонида шуда истодааст. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ дар ин марҳилаи душвор, ки сартосари ҷаҳонро бемории пандемия (COVID- 19) фаро гирифтааст ба як гурӯҳ собиқадорони вилояти Хатлон кумакҳои молиявӣ расонид. Беш аз 10 нафар собиқадорони матбуоти тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ин кумаки башардӯстони Иттифоқи журналистон бархӯрдор гардиданд ва миннатдории хешро ба Роҳбари давлат ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон расониданд. Аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки заҳматҳои бисёрсолаашон дар рушду нумӯи матбуоти тоҷик, радио ва телевизион имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии вилоят ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ мегардад. Тавре ки собиқадори матбуот Саидҷаъфар Баёзӣ иброз дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ мебошад. Зеро ҳамеша миёни мардум аст, дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ низ тавонист ба мардуми ноумедгашта умед бахшад. Бо сиёсати хирадмандонаву оқилонааш Меъмори ваҳдат-Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшид. Ба мардум сулҳ овард, фирориёнро ба ватан бозовард, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати рушду тараққиёфта муаррифӣ намуд. Бо пешниҳодҳои ҳадафмандонаву созандааш дар миқёси ҷаҳон баҳри ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонидошта муаррифӣ намуд. Ҳамин тавр, собиқадорони матбуот: Шамсиддин Муҳаммадиев, Сайдалӣ Бобохонов, Ғайбулло Ҳалимов, Боймурод Сайдалиев, Рустам Одинаев арзу эҳтироми хешро нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат баён доштанд. Вахшона
БАњОИ БАЛАНДИ ВИРУСОЛОГњОИ ХИТОї (Аввалаш дар саҳ.1) Гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсис дода шуда, корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” оид ба кишти зироатҳои баҳорӣ, такрорӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва тозагии муҳити зист дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон, раисони ҷамоатҳо ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ пурзӯр намуда, аъзои гурӯҳи корӣ ба ҳар як оила огоҳинома ва тавсияномаҳоро оид ба роҳҳои пешгирии бемории мазкур дастрас намуданд. Дар ин муддат, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ ва бригадаҳои махсуси соҳаи тандурустӣ аз рӯйи усули фардии “хона ба хона” гардиши хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, наздик ба се милли-
он нафар ба суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши тиббӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ зиёда аз 1 миллион адад маводҳои иттилоотӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбакӣ миёни аҳолӣ тақсим карда шуд. Ҷӣ Венкуй, намояндаи ҳайати табибони чиноӣ, дар навбати худ қайд кард, ки мутахассисони чиноӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудаанд, баҳои баланди касбӣ медиҳанд. - Як қатор корҳои муҳим, саривақтӣ ва хеле муфид анҷом дода шудаанд, ки ҷониби Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус аз таҷриба, касбияти баланд ва масъулиятшиносии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад, - афзуд ӯ. – Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо
омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем. Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи 24 майи соли равон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуда, гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб, асосан, вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кишвари мо омаданд. Ҳайати табибони чинӣ пас аз мулоқоту табодули афкор бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят дар шаҳри Бохтар, инчунин, аз муассисаҳои тиббии ноҳияи Данғара дидан намуданд. Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
чоршанбе, 10 июни соли 2020, №30 (3266)
љањонро хуррамї аз дењќон аст Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, дар як сол бардоштани се-чор ҳосил аз як қитъаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз мавзӯъҳои асосист, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд. Дар шароити кунунӣ, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 фаъолиятҳои истеҳсолӣ дар саросари ҷаҳон коҳиш ёфта, воридоту содироти маҳсулоти ниёзи мардум миёни кишварҳои олам маҳдуд аст, заминкорӣ манбаи асосии таъминоти рӯзгор ва захирасозии маҳсулоти ниёзи мардум арзёбӣ мегардад. Мунавваршоҳ Абдуллоев аз ҷавонони парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки дар баробари кӯшиши аз худ кардани илму ҳунарҳои муосири замони хеш ба боғдорию заминкорӣ шавқу рағбати беандоза дорад.- Меҳру муҳаббат ба пешаи падарӣ, ки заминро сарчашмаи файзу баракати рӯзгор ва фароҳамсози ниёзҳои хонавода мешуморанд, аз овони наврасӣ дар қалбам маъво гирифта буд,- қисса менамояд Мунавваршоҳ. Соатҳои фориғ аз мактабу мутолиа дар буришу парваридани ниҳолони боғистон ва обчакории қитъаи наздиҳавлигиамон ба падар ёрӣ медодам. Аз синни 15-16-солагӣ аллакай таҷрибаи киштукори зироати барвақтӣ, коркарди дарахтони мевадиҳанда
ва сари вақт ба фурӯш баровардани ҳосили боғу зироатҳои полезиро азбар намудам. Ба гуфти мусоҳиби мо замин манбаи таъмини рӯзгору омили сарвату даромади онҳое шуда метавонад, ки аз мушкилиҳои норасоии оби полезию техникаи ёрирасон ва боду ҳавои номусоид ноумед нашуда, шабу рӯз заҳмат мекашанд. То замони боровар шудани боғи шафтолу ва соҳиби мошину воситаҳои дорупошӣ ва таҷҳизоти лозима гардидан, мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудаанд. Батадриҷ бо маслиҳату роҳнамоии падар дар ҳар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз даромади софи боғу заминҳои кишт барои худ ва бародаронаш хонаҳои дорои шароитҳои беҳтари зист бунёд кард, барои хоҷагӣ воситаҳои гуногуни ёрирасонро фароҳам овард. - Новобаста ба камҳосилии боғи шафтолу ва дигар дарахтони мевадиҳандаи мавсимӣ, ки имсол бо сабаби номусоидии обу ҳаво пеш омад, кӯшиш дорем, аз растаҳои озоди боғистон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳосили дучанд бардорем. Дар ин самт дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва омилҳои гирифтани се- чор ҳосил аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳи дучанд пайдо кардем. Ғамхорию дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат нисбат ба деҳқонон моро водор менамояд, ки дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуда,
Даромад аз боѓ хуб аст Дар шаҳри Левакант, хусусан Ҷамоати деҳоти “Гулистон” даҳҳо хоҷагиҳои деҳқоние ҳастанд, ки имрӯзҳо ба ҷамъоварии меваи пешпаз машғул ҳастанд ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссагузор мебошанд. Хоҷагии деҳқонии “Идрис” яке аз онҳост. Дар ин ҷо, дар майдони беш аз 6 гектар боғ бунёд ёфта, дар он намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд. Айни замон хоҷагидорон ба ҷамъоварии олу машғул ҳастанд. Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Идрис Назиров маҳсулоти ҷамъоваришуда ба Федератсияи Россия содирот мешавад. Хоҷагии деҳқонии “Саидҷон” бошад, дорои беш аз 3 гектар замин буда, қисмати бештари заминро боғи олу ташкил медиҳад. Роҳбари хоҷагӣ Музаффар Қурбонов баён дошт, ки ҳосили олу хуб асту харидорон зиёд. Онҳо талош доранд дар вақти муайян ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, ба мардум бо нархи арзон дастрас намоянд. - Дар вилояти Хатлон олу, себ, зардолу ва дигар навъи мева сифати хуб дошта, аз ҷиҳати таъму лаззат талабгорони зиёд дорад, баҳри ин мо талош мекунем бештари меваҳои содиротшавандаро аз ин вилоят дастрас намоем, мегӯяд соҳибкор Нуъмон Холиқбердиев, аз шаҳри Турсунзода. М. Ҳасанов, хабарнигор
Муњити сабзу хуррам аз љомеаи солим вобастагї дорад Экологонӣ хатлонӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист аксия ташкил намуда, дар доираи он ба мардум корҳои оммафаҳмонию тақсимоти ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ ва варақаҳои иттилоотиро ба роҳ монданд. Роҳбарияти Раёсати ҳифзи мухити зисти вилояти Хатлон, амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва безарар гардонидани муҳити зист, амалӣ намудани чораҳои зидиэпидемикиро дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон пайи амал қарор дода, тадбирҳои саривақтиро пиёда менамоянд. Шаби 4-уми июни соли равон роҳбарият ва кормандони муҳити зисти вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо амалҳои безараргардониро дар кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои сераҳолии шаҳр ташкил намуданд. Бо истифода аз техникаю таҷҳизоти муосир ва маҳлулҳои безараргардонӣ аз майдони Парчам ва ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз бахшида, ин корро дар тамоми кӯчаю маҳалаҳои шаҳр идома доданд. Дар баробари ин, аз ҷониби Раёсати болозикр варақаҳои иттилоотонӣ ва шиору овезаҳо иборат аз тавсияҳои пешгирӣ аз коронавирус дар маркази шаҳр, дар ҷойҳои сераҳолӣ насб гардидаанд, ки ин имкон фароҳам меорад, мардум аз хавфи беморӣ, роҳҳои пешгирӣ ва оқибати марговари он воқиф гарданд. Рӯзи 5 июн дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар роҳбарият ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист, зерсохторҳои он ба аҳолии шаҳр маводҳои зиддивирусӣ ва пешгирӣ аз бемории COVID-19, аз қабили ниқоб, дастпӯшак ва маводҳои антисептикӣ, ҳамчунин, варақҳои иттилоотиро ба таври ройгон расониданд. Ин иқдоми наҷибона дар чор минтақаи шаҳр ба роҳ монда шуд. Дар ҳақиқат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини амнияти экологии мардум аз ҳифзи муҳити зисти солим вобаста аст. Дар шароити имрӯза вобаста ба паҳншавии бемории COVID-19 ҳар як шаҳрванд барои риояи гигиенаи
шахсӣ аз ашёҳои муҳофизаткунанда бояд истифода барад. Фаромӯш набояд кард, ки истифодаи ин маводҳо метавонанд моро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин доранд. Худи ҳамон рӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон дар доираи меъёрҳои муқарраршудаи Вазорати тандурустӣ ҳамоиш барпо шуд. Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Сайумрон зимни суханронӣ қайд дошт, ки аз рӯзи эълон гаштани Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист 48 сол сипарӣ гардид. Гуфта шуд, ки имрӯз ҳифзи муҳити зист ба яке мушкилоти глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, тундбодҳо, норасоии оби ошомиданӣ, олудашавии ҳавои атмосфера, зиёд шудани партовҳои истеҳсолию маишӣ, бахусус зарфҳо ва дигар маводи пластикӣ, паҳншавии беморихои сироятӣ ва дигар офатҳои табиӣ ташвиши мардуми сайёраи заминро дучанд намудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки дар тозагии муҳити зисти худ ва табиат саҳмгузор бошад. Баъди анҷоми чорабинӣ дар боғи фарҳангии назди бозори “Фаровон”, Кохи ватан, майдони Парчам, терминали мусофиркашонӣ, маводҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд. Дар ин баробар, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда, моҳияти онро ба мардум фаҳмониданд. Таъкид доштанд, ки қоидаҳои мукарраршудаи безарар намудани ашёи истифодашударо, ҳатман, риоя намоянд. - Бо иҷрои доимии ин қоидаҳо шаҳрвандон метавонанд мухити зисти худ ва атрофиёнро ҳифз намуда, дар пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 низ саҳмгузор бошанд, зикр шуд дар интиҳои ҳамоиш. Далер Шарифов
баҳри ғанисозии бозори истеъмолӣ ва беҳбудии рӯзгори хеш саъю талоши бештар намоем. Вазифаи муқаддасу масъулияти ҷонии мо ба он равона мешавад, ки донишу маълумоти гирифтаамонро ба кулли сокинони маҳалли зисту деҳоти атроф бирасонем. Зеро саҳмгузорӣ дар иқдому ташаббусҳои накукоронаи Ҳукумати кишвар баҳри беҳбудии сатҳи иҷтимоии халқ барои ҳар фарди меҳандӯст қарз аст. Бо шарофати роҳнамоиву нақша-чорабиниҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар амал татбиқ намудани амалу ниятҳои нек, мо дар як вақт киштукор намудани ду навъ зироатро дар як қитъаи замин таҷриба намуда, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки дар шароити табиии диёри офтобиамон соле аз як қитъаи замин метавон сечор ҳосил гирифт,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Мунавваршоҳ Абдуллоев. Дар идомаи суҳбат мо аз растаҳои боғи зардолуву шафтолузор ва рафти коркарду обёрии қитъаҳои сабзавоту полезиҳои қитъаи наздиҳавлигии хонаводаи Мунавваршоҳ Абдуллоев дидан намуда, итминон ҳосил кардем, ки маҳз ин гуна деҳқонони меҳандӯсту худогоҳ дар татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат баҳри ғанисозии дастархони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҷ. САЙФИДДИН
МЕњНАТ БАњРИ ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ Бо расидани фасли гармо, ки талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, помидору бодиринги бештар мешавад, деҳқонон бештари вақти худро дар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, гармхонаву полезиҳо мегузаронанд. Дар шароити пешомада, ки мардум барои мубориза аз густариши короновирус дар хона мемонанд, деҳқонони шарафманд барои таъмини бозорҳои маҳаллӣ пурмаҳсул меҳнат менамоянд. Арақи ҷабини онҳо на танҳо зиндагиашонро беҳтар менамоянд, балки дастархони мардуми шаҳрро бо маҳсулоти пурнозу неъмати кишоварзӣ таъмин менамоянд. Деҳқонони маҳаллаи овозадори “Ғайрат”-и шаҳри Бохтар яке аз аввалинҳо шуда бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, пойтахти кишвар ва навоҳии атрофро бо маҳсулоти тару тоза ба қадри имкон пур мекунанд. Воқеан, бисёриҳо бар ин андеша ҳастанд, ки деҳқонӣ пешаи мардони миёнасол аст. Вале ҷавонҳои серғайратеро дар маҳаллаи “Ғайрат” миёни гармхонаҳо, қаторҳои помидор, бодиринг ва булғорӣ мебинед, ки сару либосашон аз гарди гулу баргҳо зарду сабз шуда, сидқан меҳнати пуршараф мекунанд. Деҳқонони ҷавони бохтарӣ мегӯянд, дар шароите қарор доранд, ки тамоми ҷаҳон бо бемории короновирус мубориза мебарад, онҳо низ аз чораҳои эҳтиётӣ кор мегиранд, вале ҷойи худро дар ҳавои тоза, дар кори саҳро медонанд, то дастархони мардум бе сабзавот намонад. “Aгар кор накунем, маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор камчин мешавад, ки ин боиси болоравии нархҳо мегардад. Барои ҳамин тамоми қоидаҳои санитариро риоя карда, корро идома дода истодаем”, - мегӯяд Алишер Муҳаммадиев, ки дар гармхонааш машғули тоза кардани баргҳои барзиёди буттаҳои помидор буд.
Ин гармхонаи муосирро чанд сол пеш аз Россия харида оварда, дар он помидори навъи ҳолландӣ коштааст. - Помидоре, ки мо кишт кардаем, қадаш аз ду метр баланд мешавад. Ҳосилаш назар ба помидори маҳаллӣ бештар буда, то сардиҳои тирамоҳ боровар хоҳад монд, - мегӯяд Алишер Муҳаммадиев. Алишер нозукиҳои кишоварзиро аз падар омӯхта, се сол боз бо даромад аз он хонаводаашро мехӯронаду мепӯшонад. Тасмим дорад, ки масоҳати гармхонаҳоро аз 0,12 гектари ҳозира то 0,20 гектар васеъ намояд. Масоҳати умумии замини кишоварзияш 0,75 гектарро ташкил медиҳад. Назриҷон Сайдалиев, як деҳқони миёнасол ва таҷрибадори дигари ин маҳалла, ки ҳамроҳи хонаводааш ҳосили помидори пухтарасидаро ҷамъоварӣ намуда, дар зиёда аз 20 қуттӣ ҷо ба ҷо менамуд, гуфт, ки имрӯзҳо помидор аз 5 то 9 сомонӣ арзиш дорад. Бо ин қимат ба фурӯш баровардани маҳсулот ҳам хароҷотро мепӯшонам ва ҳам
эҳтиёҷоти хонаводаамро таъмин месозам. Ҷамъоварии помидорро 15 рӯз пеш оғоз карда будам. Ҳар қадаре, ки маҳсулот бештар шавад, нарху навои бозор ҳамон қадар арзон мешавад. Ба қавли Суҳроб Шодиев, сокини дигари маҳаллаи “Ғайрат”, деҳқонони ин ҷо таъминкунандаҳои асосии бозорҳои маҳаллӣ ва пойтахт ба ҳисоб мераванд. “То имрӯз ҷамъоварии ҳосил дар 232 гектар киштаи сабзавот шурӯъ гардидааст. Кор дар зиёда аз 50 гармхона аз моҳи январ оғоз мешавад. Мардум заҳмат кашида, дар се моҳ аввалин ҳосилро ба бозор мебароранд ва ҳоло зиёда аз 15 тонна помидор ва дигар маҳсулотро ба бозор баровардаанд”, - илова кард Суҳроб Шодиев. Тибқи иттилои Абдуғаффор Султонзода, сардори шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, кишоварзони бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар моҳҳои январ ва апрели соли 2020, мувофиқи дурнамо барои соли 2020, дар майдони 422 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла 15 гектар ғалладонагӣ, 105 гектар сабзавот, 15 гектар карам, 15 гектар бехпиёз, 23 гектар бодиринг, 22 гектар помидор, 20 гектар картошка, 282 гектар пахта ва дигар сабзавотҳо бошад , 30 гектар ташкил медиҳад. -Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1532,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39, 1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, - афзуд А. Султонзо-
да. - Аз ин ҳисоб 202,5 ҳазор сомонӣ ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 47, 2 ҳазор сомонӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 1282,9 ҳазор сомонӣ ба рост меояд. Ҳамчунин, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр танҳо маҳсулоти сабзавот 50, 5 тонна, меваҷот 4,5 тонна ва картошка 30 тонна истеҳсол карда шудааст. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ, таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот нишондиҳандаҳои иқтисодӣ беҳтар мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ аз ин маҳалла дидан карданд ва меҳнати сокинонро қадр намуданд. Ташрифи Сарвари давлат ба маҳаллаи «Ғайрат» рӯҳбаландии деҳқононро дучанд намудааст. Сокинони маҳалла, ки аксар пешаи деҳқони доранд ҷавобан ба ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳамеша саҳми арзанда гузоранд. Комрони БАХТИЁР
“БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА РУШДУ ПЕШРАВИИ ТОљИКИСТОН” Ин шиори Ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» аст, ки 21 сол боз дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон фаъолият мебарад. Ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» ташкилоти ҳомиёни ҳуқуқ буда, фаъолияташ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нигаронида шудааст. Ташкилот дар 25 ноҳияи вилояти Хатлон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳадафаш расонидани иттилооти маърифатӣ, дастгирии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонии шаҳрвандон мебошад. Ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо»-ро дар солҳои баъдиҷангӣ, соли 1999 вақте ки кишвар дар вазъи мушкилот ва душвориҳо фурӯ рафта буд ва шаҳрвандони мо аз Афғонистони ҳамсоя бармегаштанд, як гурӯҳ занони ташаббускор дар ноҳияи Шаҳритуз бо роҳбарии Ҷабборова Венера Анатолевна созмон дода шуд. - Дар логотипи ташкилот як зан бо ситорае дар даст кашида шудааст. Ин ситораи алфа сентаври аст, яъне ситораи оянда, -мегӯяд Венера Анатолевна. Ба гуфтаи Венера Анатолевна, дар ибтидо ташкилот барои дастгирии занон таъсис дода шуда буд, аммо он ба хотири гулгулшукуфоӣ ва ояндаи нек барои тамоми аҳолии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. «Бонувони фардо» бо бисёр ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва
байналмилалӣ ҳамкории зич дорад, ҳамеша дар ҷустуҷӯи шарикон буда, дар озмунҳои лоиҳавӣ иштирок менамояд. Тӯли 10 сол ТҶ “Бонувони фардо” дар доираи лоиҳаи ислоҳоти замин бо оҷонсии USAID ҳамкориҳои мутақобилан судмандро амалӣ кардааст, 7 лоиҳа бо Институти ҷамъияти кушоди “Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон бомуваффақият амалӣ карда шудааст ва, инчунин, ташкилот бо UNDP дар чорчӯбаи лоиҳа оид ба таъминоти иқтисодии имкониятҳо ва дастгирии занони соҳибкор дар ноҳияи Шаҳритуз ҳамкорӣ мекунад. Дар тӯли фаъолияташ ин ташкилот беш аз 70 лоиҳаи ташаббусҳои шаҳрвандиро ба маблағи умумии 632 ҳазор доллари ИМА бомуваффақ амалӣ кардааст. Рисолати (миссияи) ташкилот, ин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои
шаҳрвандон мебошад ва мутобиқи ин рисолат, ташкилот ба фермерон, хоҷагидорон, шаҳрвандоне, ки муроҷиат мекунанд, фаъолона ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ мерасонаду ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро дар мақомоти гуногун ҳифз мекунад. Илова бар ин, ТҶ “Бонувони фардо” бо аҳолии камбизоат, кӯдакон ва занон, аз ҷумла қурбониёни зӯроварӣ дар оила, ҳамкории зич дорад. Венера Анатолевна дар бораи мушкилоти зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои занон ва пуштибонии онҳо, хусусан дар деҳот ва минтақаҳои кишвар, сухан ронда, масъалаи ҳалнашуда ва вайронкунии воқеии ҳуқуқҳои онҳоро таъкид мекунад. «Ман, дар ҳақиқат, корамро дӯст медорам ва худро зани хушбахт мешуморам, зеро кори дӯстдоштаамро иҷро мекунам», - мегӯяд Венера Анатолевна. Натиҷаҳои кор, дидани чашмони хушбахти шаҳрвандон ва шунидани сипосҳояшон ба кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» илҳом бахшида, онҳоро минбаъд низ барои беҳбудии ватан ва ба мардуми худ хидмат намудан равона месозад.
њуќуќи худро донистан кафолати озодист “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳар як инсон ҳуқуқи худро дорад ва аз ҳама муҳим, бояд онҳоро донад”, – мегӯяд Гулчеҳра Раҷабова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва кафолат” дар ноҳияи Муъминобод. Раҷабова Гулчеҳра аз замони хӯрдӣ орзуи милиса шудан дошт ва мехост, ки рӯзе пироҳани ҳарбиро ба бар карда, ба мардуми худ содиқона хизмат кунад. Баъди гузашти вақт, муддати 18 сол дар прокуратураи ноҳияи Муъминобод кор карда, таҷрибаи кории бой пайдо намуд, ва муддати солҳо бо чандин ташкилоти ҷамъиятӣ, кор ва фаъолият бурдааст. Баъди ба даст овардани таҷрибаи бойи корӣ, Раҷабова Гулчеҳра тасмим гирифт, ки ташкилоти худро таъсис диҳад ва ба аҳолии зодгоҳаш хоксорона хизмат кунад. Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва кафолат” соли 2014 аз қайди Вазорати адлияи вилояти Хатлон гузашта, кор ва фаъолияти худро оғоз кард. Яке аз мақсадҳои асосии ташкилот, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Дар ташкилоти ҷамъиятии «Ҳукук ва кафолат» адвокатҳо ва ҳуқуқшиносоне ҳастанд, ки ба шахсони имконияташон маҳдуд, занони камбизоат ва, умуман, ба қишри осебпазири аҳолӣ ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд. Шаҳрвандон ба ташкилоти мо бо масъалаҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Яке аз муроҷиатҳои асоситарин, ин масъалаи нагирифтани нафақаи маъюбӣ, мушкилоти надоштани қитъаи замин, инчунин, ситонидани алимент ва тақсимоти молумулк дар вақти вайрон шудани оила мебошад. -Шахсоне буданд, ки дорои маъюбияти гурӯҳи якум ва дуюм доштанд, лекин аз сабаби надонистани ҳуқуқҳояшон, муддатҳо бе нафақа монда буданд”,- мегӯяд Раҷабова Гулчеҳра.
3
ХАТЛОН
чоршанбе, 10 июни соли 2020, №30 (3266)
Ташкилот бо мақсади баланд бардоштани маърифати хуқуқии аҳолӣ дар 45 деҳаи панҷ ҷамоати ноҳия, семинару чорабиниҳо гузаронд. Баъди гузаронидани ин семинару чорабиниҳо бо кумаки бевоситаи ташкилот ва рохбари он 29 шахси дорои маъюбиятдоштае, ки бистарӣ буданд, соҳиби нафақа гаштанд. Барои пешбурд ва баланд бардоштани ҳуқуқи занҳо, ташкилот мунтазам мизҳои мудаввар ва вохӯриҳоро бо вакилон ва занони пешқадами ҷамоатҳои ноҳия мегузаронад. Барои боз ҳам зичтар ҳамкорӣ кардан бо мардум ва беҳтар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташкилот дар чорибиниҳои худ пешқадамҳои диниро низ даъват мекунад ва онҳо, дар навбати худ, ба занҳо ҳуқуқҳои онҳоро аз ҷиҳати дин мефаҳмонанд. Дар солҳои аввали кор, ташкилот бо бисёр мушкилиҳо дучор мегашт. Якчанд бор кормандони ташкилотро аз ҷамоатҳо пеш карданд, то ки ба занҳо ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро нафаҳмонанд. Аммо, айни ҳол, вазъият дигар шудааст ва занҳои ноҳияи Муъминобод фаъолона дар чорабиниҳо ва семинар-омӯзишҳое, ки барои баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқӣ равона гаштаанд, иштирок мекунанд. -Баъди чорабиниҳои сершумор, занҳои мо фаҳмиданд, ки ҳуқуқ ва уҳдадорӣ чист ва онҳо дорои чӣ гуна имкониятҳо ҳастанд”-мегӯяд сарвари ташкилот. Ташкилот бо ташкилотҳои байналхалқӣ инчунин ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва кафолат” бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Зан ва замин”, “Зан ва оила”, “Фидокор”, “Нобиноён”, “Наҷоти кӯдакон” ва ”Заршедабону” ҳамкории гуногунҷабҳа дорад. “Зиёда аз 2 сол мешавад, ки ташкилот ягон лоиҳа надорад, аммо ба ин нигоҳ накарда, мо ба аҳолии ноҳия ёрии ҳуқуқии бепул расонида истодаем”,-дар анҷоми сухан посух дод Гулчеҳра. ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»
љавонони вилоят имкон доранд 150 КАСБУ ИХТИСОС интихоб намоянд Тибқи маълумоти оморӣ соли таҳсили 20192020 дар 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят 76 ҳазору 366 нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз аз рӯйи беш аз 150 касбу ихтисоси ба бозори меҳнат рақобатпазир ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисон дар ин муассисаҳои таълимӣ 4 ҳазору 702 нафар олимону устодон, омӯзгорону устоҳои таълимӣ- истеҳсолӣ машғуланд. Миёни онҳо зиёда аз 60 нафар академик, докторони илм, профессорҳо, 358 нафар номзади илму дотсентон ва наздик ба 600 нафар унвонҷӯёну муҳаққиқонанд. Таҳлили омории шумораи донишҷӯён, қабул ва хатми онҳо дар ду соли таҳсил шаҳодати он аст, ки дар соли таҳсили ҷорӣ нисбат ба соли таҳсили 2018-2019 шумораи умумии донишҷӯён 6422 нафар (15 фоиз), қабули донишҷӯён 1245 нафар (11 фоиз) зиёд ва хатмкунии донишҷӯён 1818 нафар (29 фоиз) кам гардидааст.
Саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилоят дар иҷрои нишондодҳои вобаста ба тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ, аз рӯи самти ихтисосҳо 40 адад зиёд гардида, ҳисоби миёнаи тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ дар ин сол 6217 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилоят нисбат ба соли таҳсили гузашта зиёд гардида ба 1999 нафар расид, ки аз ин шумора 21 фоиз (424 нафар) соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Соли равон аз ҳисоби олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ 62 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя карда, 11 нафар сазовори патенту шаҳодатномаҳои навоварӣ гардида, дар маҷмӯъ, зиёда аз 70 рисола ва монографияҳои илмӣ, 46 адад китобҳои дарсӣ, илмӣ, оммавӣ, бадеӣ, 438 дастури методӣ, барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 2500 мақола гузориш ва фишурдаҳои илмӣ таълифу нашр карда шуданд. Ҳангомаи Исмат
бунёди пурраи як манзили истиқоматӣ иштирок намуда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бобати дастгирии ниёзмандон ҳиссаи худро мегузорад. -Дар ҳодисаҳои чанд сол пеш сарзада низ ихтиёран омада, дар бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони деҳаи Чорбоғ ва Ҳалқаҷар саҳми худро гузоштаам. Тӯли умри худ, бахусус, дар за-
Ба мақолаи Р. Тоҳир (рӯҳаш шод бод) “Дукони рӯзномафурӯшӣ надорем”, ки 24 марти 2020 дар шумораи №19-и рӯзнома чоп гардида буд бо имзои раиси ноҳияи Восеъ Ш. Азизулло бо чунин мазмун ҷавоб гирифтем: Масъалаи мазкур, ки набудани дукони рӯзномафурӯширо дар маркази ноҳияи Восеъ ошкор менамуд, дар машварати назди муовини соҳавии раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони соҳа ва масъулини Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳақиқат, ин мушкилот дар ноҳия ҷой дорад. Аммо айни замон ҷудо намудани қитъаи алоҳидаи замин барои дукони рӯзномафурӯшӣ дар маркази шаҳрак имкон нест. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №356 “Дар бораи нақшаи генералии маркази ноҳияи Восеъ, дар ноҳия иншоотҳои гуногун, биноҳои манзилии бисёрошёна бунёд хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки ин нақша давра ба давра амалӣ гардида истодааст ва дар ошёнаи якуми ҳамаи биноҳо ҷой додани марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла дӯкони рӯзномафурӯшӣ ба нақша гирифта шудааст”. Ш. АЗИЗУЛЛО, раиси ноҳияи Восеъ
Пули марказї барќарор мешавад Ёвонрӯд аз домани талу теппаҳо, кӯҳҳо деҳаҳои Гулибодом, Ғешӣ, Сангпар, Мирзоӣ, Навобод мегузарад. Обҳои чашмаҳо ҷамъ шуда дар маркази ноҳияи Ёвон рӯди калонеро ташкил медиҳад, ки то ба ноҳияи А.Ҷомӣ ҷорӣ гардида, дар он ҷо баъд ба дарёи Вахш ҳамроҳ мешавад. Дар тобистону тирамоҳ Ёвонрӯд қувваи вайронкунанда надорад, кӯдакон дар оби мусаффою гармаш оббозӣ мекунанд, моҳӣ медоранд ва сокинони деҳаҳои назди соҳил аз оби он боғоту киштзорашонро шодоб мегардонанд. Ёвонрӯд дар баҳорону аввали тобистон авзояшро дигар месозад ва қувваи харобиоварро мегирад. Чӣ ашёе садди роҳаш шуданӣ бошад ба коми худ фурӯ мекашад. Бо гузашти 100-солаҳо соҳилҳо то 500-700 метр ва чуқрӣ то 150-200 метр расиданд, чӣ қадар заминҳои киштбоб ба майдони сангзору хароба табдил гардиданд. Дар домани водӣ шаҳраки Ёвон воқеъ гардида аст, ки Ёвонрӯд онро ду тақсим кардааст. Ҳудуди ҳарду қисматро се пул ба ҳам пайваст месозад. Роҳгузарон, нақлиёт бо во-
ситаи ин пулҳо мегузарад. Роҳ сӯи шаҳри Душанбе низ аз болои ҳамин пул мегузашт. Пули калонтарин болои Ёвонрӯд солҳои 1985 бо қувваи сохтмончиёни трестӣ “Тоҷикхимстрой” сохта шуда буд. Он пул муддати 30 сол ба мардум хизмат расонид. Вале боронгариҳои солҳои 2014-2015 пули оҳану бетониро шӯста бурд ва ҳатто пеши селу санг болорҳои оҳану бетонии 38 метра, ки дар вақташ аз Санкт-Петербург оварда шуда буданд, ҳеҷ шуданд. Акнун муддати панҷ сол аст, ки сохтмони пули мазкур масъалаи дандоншикан ба ҳисоб меравад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ташкилотҳои болоӣ муроҷиат намуд, вале набудани маблағ амалӣ шудани мақсадро ба ақиб мемонданд. Билохира ноҳиядорон ба хулосае омаданд, ки онро ба воситаи буҷети маҳаллӣ, саҳми соҳибкорон ва кумаки аҳолӣ созанд. Ҳамагон таклифро тарафдорӣ намуданд ва ситоди ноҳиявӣ ташкил карданд. Ба ситоди ноҳиявӣ шахсони масъул, аз ҷумла сармеъмор, сардори идораи
сохтмони асосӣ, соҳибкорон, бинокорон даъват карда шуданд. Хароҷоти сметавии пул аз рӯи ҳисобҳои аниқи мутахассисон 15 млн. сомониро ташкил дод. Аз буҷети маҳал 1,5 млн сомонӣ ҷудо карда шуд ва ба ин маблағ металл, арматура, қум, семент харидорӣ карда, 100 куб шағал захира шуд. Барои мустаҳкам шудани пул қубурҳои қутрашон 1000мм метраро пайдо намуданд, ки онҳоро чун мехсутун истифода бурданд. Мехсутунҳо аз сатҳи поён ба чуқурии 20 метр ба замин кӯфта шуданд . Ин мехсутунҳо дар дарозии 44 метр, ки 34 ададро ташкил медиҳанд, пояҳои асосии пул гардиданд. Паҳноии пул 14 метр мешавад ва бо бетону оҳан мустаҳкам мегардад. Корҳои бетонрезию кафшергарӣ, васл кардани болорҳо ба зиммаи пудратчиёни ҶДММ “ Ёвон” (сардораш С. Сафаров) аст. Техникаи пуриқтидори ин ташкилот бо бист нафар сохтмончиён ба кори тахту ҳамвор намудани таги пулу гирду атрофаш шурӯъ намуда, маҷрои оби Ёвонрӯдро дигар карданд, то ба корҳои бетонрезию
ЁРИИ њУќУќШИНОС – Вақте шахс ба мурофиаи судӣ ҳамчун шоҳид даъват мешавад, роҳкиро ва дигар хароҷоти ӯро кӣ бояд ҷуброн кунад? Нозим, сокини ноҳияи Темурмалик Исломиддин БЕКМУРОДЗОДА, ҳуқуқшинос – Вақте ки шахс дар мурофиаи ҷиноятӣ ба суд ҳамчун шоҳид даъват карда мешавад, ӯ дар бораи рӯз ва соати баргузории мурофиа бояд панҷ рӯз пеш хаттӣ даъватнома бигирад. Дар ин ҳолат агар ӯ дар ягон ташкилоту корхона фаъолият кунад, барои ин муддат бо нигоҳ доштани
маош аз кор ҷавоб дода мешавад. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои рухсат додан ва ҳамчун шоҳид ба суд равон кардани корманди хеш вазифадоранд. Вақте, шаҳрванд ҳамчун шоҳид аз як ноҳия ба ноҳияи дуртари вилоят ё ба шаҳри дигар ба мурофиаи судӣ даъват мешавад, дар ин ҷо, албатта, маблағ лозим аст, то омада равад таом хӯрад, шояд шаб дар меҳмонхона монад. Дар ин сурат, ӯ ҳақ дорад, аз судя талаб кунад, ки хароҷоти ӯ ҷуброн шавад. Судя мутобиқи талаботи кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар бораи рӯёнидани хароҷоти шоҳидон аз ҳисоби давлат уҳдадор аст, таъйинот қабул кунад. Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА “Хатлон”
Бо сарљамъї ва иродаи тавоно мушкилињо паси сар мешаванд Даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари хуррамию шодию нишот ва рӯйдодҳои неку хотирмон дар қаламрави кишварамон борҳо шоҳиди аз асари ҳодисаҳои табии вайрон шудани хонаву деҳаҳои минтақаҳои гуногуни кишварамон будем. Ва боз медидем, ки дар лаҳзаҳои вазнини рӯзгор мардуми аз офактҳои табиӣ зарардида бо дастгирию пуштибонӣ аз ҷониби Сарвари ғамхори хеш мушкилиҳои иҷтимоии худро бартараф намудаанд. Ба ҳамин тартиб, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар мавзеи нав барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон вусъати тоза пайдо намудааст. Барои ҳарчӣ тезтар бунёду ба истифода додани 67 манзили зист дар ин мавзеъ мутахассисони бинокор, сокинони деҳоти атроф ва якчанд гурӯҳҳои ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонмардони хайрхоҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба ёрии ҳамдиёрони худ омадаанд. Дар ин ҳашари дастаҷамъӣ ба мисли Маҳмадсаид Набиев, боғбони МТМУ №3-и ноҳияи Хуросон, даҳҳо тан ихтиёриёни накукор дар корҳои сохтмонии хонаҳои ҳамдиёрон саҳми худро гузошта истодаанд. Ин пирамарди хайрхоҳ дастгирии мардуми аз офати табиӣ зарардидаро беҳтарин амали хайр дониста, тасмим гирифтааст, ки аз сохтмони таҳкурсӣ то
Ба “Хатлон” љавоб омад
мони соҳибистиқлолӣ борҳо шоҳиди ҳол будам, ки мардум дар пайравӣ аз роҳбари давлат дастаҷамъона ба дастгирии якдигар бархоста, мушкилоти табииро сари вақт бартараф намудаанд. Зеро иттиҳоду ҳамбастагӣ асоси пешрафту раҳоӣ аз ҳама мушкилоти зиндагӣ аст,- мегӯяд Маҳмадсаид Набиев. Зимни суҳбат бо зарардидагон аз офати табиӣ маълум гардид, ки баъди ҷудо
гардидани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳар як хонавода аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, маводи хӯрока ва сару либоси зарурӣ дастрас намудаанд. Ҳамчунин, барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба сокинони ин деҳаи навбунёд кумакҳои гуногун расонидааст. Дар мавзеи сохтмонӣ аз ҳисоби хизматчиёни Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, табибону кормандони шафқат ва намояндагони дигар идораву сохторҳои давлатӣ Ситод таъсис ёфтааст. Маҳмадраҳим Давлатов, сокини деҳоти Айнӣ, ки баъди офати табиӣ ба ин мавзеъ кӯчидааст, бо сипосу шукргузорӣ аз ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар изҳор медорад, ки кишвари соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои иҷтимоии сатҳи ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки дар ҳолатҳои изтироби сокинони аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳо зарардидаро зери сарпарастии худ мегирад. Аз ғамхории падаронаи Пешвои миллат як ҷаҳон таассуроти нек дошта, ният дорам, ки баъди бунёди манзили истиқоматиамон ҷавобан ба дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман дар рушду ободии деҳа, пешрафту сарсабзии диёрамон саҳми худро хоҳам гузошт. Фикр мекунам, ки баъди эҳсоси ин
гуна ғамхориҳои Сарвари давлат ҳар тан аз ҳамдеҳагони ман хизмат ба халқу ватан, яъне ҷаҳду талош дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз, ҳифзи ваҳдату якпорчагии ин сарзаминро қарзи муқаддаси худ хоҳанд донист. Дар яке аз хаймаҳои мавзеи корҳои сохтмонӣ хонаводаи Рамазон Юсуфов сукунат дорад. Сарвари хонавода бо ҳамсараш нафақахӯр мебошанд. Аз се тан писаронаш ду нафари онҳо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Хонаи нави онҳоро як гурӯҳи иборат аз 15 нафараи бинокрону ҷавонони ихтиёрӣ месозанд - Ман дар гузашта ронандаи мошини “Ёрии таҷилӣ”-и беморхонаи деҳоти Уялӣ будам. Аз дастгириҳои доимии Сарвари давлат нисбат ба халқ ба хубӣ огоҳам. Баъди ҳодисаи табиӣ дар деҳаи Неъматулло Асадуллои ноҳияи Хуросон моро ба ин ҷо оварданд. Ман ба фарзандону наберагонам доим гӯшрас месозам, ки аз ҷиҳати дастгирии иҷтимоии аҳолӣ Тоҷикистони мо аз кишварҳои ангуштшумори олам аст. Ба ростӣ, ин ҳодисаи табиӣ барои мо ва наслҳои имрӯзу фардоямон як имтиҳони зиндагӣ аст. Ин ҳама таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ва кумаку дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят ва раис ва дигар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияамон ҳар инсони худогоҳро бори дигар водор менамояд, ки шукргузорӣ аз тинҷию амонии ватан намуда, дар лаҳзаҳои зарурӣ сарҷамъу тифоқ бошем. Аз суҳбат бо сокинони хаймаҳо ва бинокрону гурӯҳҳои ихтиёрӣ бармеояд, ки мардуми ба оянда хушбин дар бунёди манзилҳои нав аз як гиребон сар баровардаанд. Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
сохтмонӣ халал нарасонад. Ба майдони таги пул 105 ҳазор метри кубӣ сангу шағал бо воситаи мошинҳои соҳибкорон кашонида шуд. - Баландии пул 14 метрро ташкил медиҳад. Ситоди доимоамалкунанда шабу рӯз ба кори сохтмончиён назорат мебарад ва маблағҳои пулиро ба ҳисоб мегирад. Одамони хайрхоҳ низ пайдо шуданд, ки дар сохтмони пули мазкур кумак мерасонанд. Аз ҷумла соҳибкори муваффақ, роҳбари заводи сементи “Моҳир” Баҳриддин Ҷӯрахонов барои сохтани пул 800 ҳазор сомонӣ додааст. Барои пурра сохтану ба анҷом расонидани пули марказӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 2 млн. сомонӣ иловагӣ ҷудо карда шудааст. Ба рафти корҳои сохтмонии пул раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамроҳ назорат мебарад ва тамоми азму ҷаҳдӣ бунёдкорон ба он равона карда шудааст, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар пул ба истифода дода шавад. З. Ҳусейнов, ноҳияи Ёвон
суди сайёр
љарима барои монеъ ба тањсили фарзанд
Саидов Суҳроб дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад. Судшавада бархилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба ҳатмӣ будани таҳсилоти миёнаи умумӣ амал намуда, ду фарзанди ноболиғашро ба ягон муассисаи таълимӣ иҷозат надодааст. Ҳамин тавр, то оғози парвандаи ҷиноятӣ ноболиғон Саидова З. ба синни 15- солагӣ ва Саидова С. ба синни 13 расида бошанд ҳам, дар ягон муассисаи таълимӣ баҳри омӯхтани илму дониш таҳсил накардаанд.
Ба мақсади оммафаҳмонӣ парвандаи мазкур дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Вахш мавриди баррасӣ қарор карда шуд. Судшаванда Саидов Суҳроб зимни мурофиа ба гуноҳи худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки мурофиаи мазкур бидуни нишондоди шоҳидон, тариқи содакардашуда баррасӣ шавад. “Суд иқрори самимӣ ва изҳори пушаймонии судшавандаро ба инобат гирифта, мурофиаи мазкурро тариқи содакардашуда баррасӣ намуд. Бо дарназардошти далелҳои мазкур ва вазъи душвори иҷтимоии судшаванда, ки оиладор буда дар тарбияву сарпарастии худ 6 фарзанд дорад, суд бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ ҷазои сабуктар 6380 сомонӣ ҷарима таъйин кард. Волидайни муҳтарам, дар тарбияи фарзандон масъулиятпазир бошед. Надонистани қонун шахсро аз гунаҳкорӣ озод наменамояд. Дилшод Амиршозод, судяи Суди ноҳияи Вахш
4
ХАТЛОН
КОРХОНАИ «СОМОН БАЙК» ДУЧАРХА ИСТЕњСОЛ МЕКУНАД Муҳимияти ҳамин масъала як соҳибкори маҳаллиро водор сохт, то бо истифода аз имконоти молиявии хеш моҳи марти соли ҷорӣ коргоҳи тавлиди дучархаҳоро дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Дӯстдорони дучарха аз ин баъд метавонанд аз бозорҳои кишвар дар баробари дучархаҳои сохти Чину Россия, дучархаҳои хушсифатро бо навиштаҷоти “Made in Tajikistan” пайдо кунанд. Барои он, ки аз шароити феълии коргоҳ воқиф шавем, ба минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ба коргоҳи тозатаъсиси “Сомон байк” омадем. Коргоҳ шароити хуби корӣ дошта, атрофи он гулкорӣ ва бино аз ҷиҳати меъморӣ замонавию озода аст. Бино ба иттиллои Расул Соҳибназаров -тоҷир ва роҳбари коргоҳи “Сомон байк”, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 дучарха буда, сифати онҳо дар қиёс ба дучархаҳое, ки ба бозорҳо аз хориҷ ворид мешаванд, беҳтар аст. Ҳарчанд ҳанӯз савдои бозорашон гарм нест, вале рӯҳафтода нестанд. Онҳо бовар доранд, ки мардум ба кори онҳо ва сифати баланди дучархаҳо
ошно шуда, дар миёни дучархаҳои истеҳсоли дигар мамлакатҳо маҳз маҳсулоти онҳоро интихоб мекунанд, бозорашон, албатта, равнақ меёбад. Айни замон дар корхона 10 корманд саргарми коранд. Кормандон гуфтанд, ки кор дар ин ҷо манбаи таъминкунандаи хонаводаашон аст, сари вақт ҳаққи корашонро мегиранд. Бояд гуфт, ки ҳоли ҳозир дар ҳудуди Тоҷикистон ин ягона коргоҳи дучархасозист. Ин воситаи савориро бо истифода аз ашёи хоми Россия, Чехия ва Ӯзбекистон комилан аз сифр месозанд. Масъулини коргоҳ бовар бар он доранд, ки оянда иқтидори корхона зиёд мегардаду маҳсулоти худро ба хориҷ низ содирот хоҳанд кард. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
чоршанбе, 10 июни соли 2020, №30 (3266)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: 1. Мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят 2. Мутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят 3. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят 4. Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят 5. Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят. 6. Мутахассиси пешбари бахши назорати дастгоҳи раиси вилоят. 7. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят. 8. Мутахассиси шуъбаи муҳосибот ва хоҷагидории дастгоҳи раиси вилоят. Талабот нисбати довталабон: Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои маъмурии чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад: - мудири шуъба (4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ). Музди моҳона 1387 сомониву 80 дирам - мутахассиси пешбар. Музди моҳона 846 сомонӣ - мутахассис. Музди моҳона 696 сомонӣ Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда: - ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муқарраршуда);
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - маълумот оид ба вазъи саломатии шакли (086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амвол; - билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд); - нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома (справка-обективка); - маълумотнома аз ҷойи истиқомат; - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН) - нусхаи қайди ақди никоҳ. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 735140, шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи Н. Ҳувайдуллоев-1, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ошёнаи 3, утоқи 303-304, суроғаи почтаи электронӣ: Kadrho@khatlon. Tj, телефон: 2-16-16, факс: 347. Қабули ҳуҷҷатҳо: Баъди нашри расмии эълон то 21 рӯз муҳлат дорад.
МУЌОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ К
оррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор рафта, садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо гардидааст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ба муқобили коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз сад давлати дунё ба Коневенсияи мазкур аъзо гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба ин Конвенсия имзо гузошта, санади мазкур ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки инсон ҳамеша мехоҳад, то ҳарчи зудтар ва бо роҳи соддатаре ба орзуву омоли худ даст ёбад ва ё бо ҳар роҳе набошад, ба давлату сарвати бештар даст пайдо кунад. Маҳз ҳамин табиати инсонӣ боиси рушд намудани зуҳуроти номатлуби ришвадиҳиву ришваситонӣ дар ҷомеа мегардад. Мутаассифона, инсонҳо ба хотири манфиатҳои инфиродии худ ман-
фиати ҷамъияту давлатро нодида мегиранд, ки ин омил метавонад паёмадҳои ҷиддиеро дар пай дошта бошад. Зеро афзоиши ин падида боиси касод кардани иқтисоди давлатҳо гардида, дар роҳи амалӣ шудани нақшаву ҳадафҳои давлатӣ монеа эҷод менамояд. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва
решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб иқдому ташаббусҳои муайянеро ба кор гирифтааст. Чунончӣ, бо мақсади мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 январи соли 2008 таҳти №34 бори аввал Барномаи зиддикоррупсионии давлатӣ «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20082012»-ро қабул гардид. Бо дарназардошти натиҷаҳои хуби бадастомада дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур дар марҳилаи баъдӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.08.2013 таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расид. Тавре ки дар муқаддимаи Стратегияи мазкур омадааст: «Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсати роҳбарияти давлат оғоз
ДАСТАЊОИ ЉОМЕАВЇ ВА ЊИФЗИ САЛОМАТЇ Ҳифзи саломатии инсон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, ҳар як ҷомеа ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва доир ба беҳбудии ин соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Боиси тазаккур аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тиб, беҳдошти ҳифзи саломатии инсонро дар мадди аввал гузошта, ба ин бахш маблағҳои зиёдеро сафарбар намуда, қарору санадҳои заруририро ба тасвиб расондаанд. Қабули «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Ҳамчунин дар ин раванд баҳри мукаммалсозии фаъолияти кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар доираи амалисозии дастури «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ», ки мутобиқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 тасдиқ шудааст, аз ҷумлаи онҳост. Тибқи ин нишондод, барои беҳдошти кори кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ, марказҳои саломатӣ, дастуру нишондодҳо, буклету китобчаҳо омода карда шуда, ба онҳо ирсол карда шудааст. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Ҷумҳурии Тоҷикистон китобчаи махсус барои фаъолияти фасилитаторҳо ва дастаҳои ҷомеавӣ бо унвони «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ» аз чоп баромада, ба фасилитаторҳо расонда шудааст, ки онҳо мутобиқи ин дастурамал бо марказҳои саломатӣ, дастаҳои
ҷамоавӣ ҳамкорӣ намуда истодаанд. Мақсад аз ин тадбирҳо чист? Чуноне роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Восеъ Абдусалом Ҳасанов изҳор дошт, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати тиббию санитарии аҳолӣ мебошад, ки он бояд дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаҳои тиббӣ худи аҳолӣ ба ҷо оварда шавад. Дар ин самт дар ноҳияи Восеъ чӣ корҳо роҳандозӣ гардид? Чуноне аз роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия иттилоъ гирифтем, аз соли 2013 инҷониб дар ин бахш корҳо идома дорад. Худи ҳамон сол дар назди ҳар як маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ дастаҳои ҷамоавии саломатӣ ташкил гардида, аз ҳисоби беҳтарин кормандони онҳо фасилитаторҳо интихоб гардиданд, ки барои ҳамкорӣ бо дастаҳои ҷамоавӣ масъул гардонида шуданд. Айни замон дар назди Марказҳои саломатии деҳотии ноҳия 56 дастаҳои ҷомеавӣ амал мекунанд, ки бо теъдоди 741 нафар шахсони варзида, таҷрибадор аз ҳисоби аҳолӣ, вакилони маҳаллаҳо, зиёиён, кормандони ҷамоатҳо, эмомхатибони маҳаллаҳо пурра карда шудаанд. Чуноне мушоҳидаҳо нишон дод, аъзои дастаҳои ҷомеавӣ мақсади ташкил додани ин ниҳод ва вазифаҳои худро хеле хуб мефаҳманд. Дастаҳои ҷомеавии саломатии деҳаҳои Шоҳбика, Ҳамид Барот, Сулҳобод, Тосқалъа, Навобод, Меҳробод-1, Кадучӣ, Анористон аз ҷумлаи он дастаҳои ҷомеавиеанд, ки бо фаъолияти пурсамари худ байни аҳолии деҳот обрую эътибори зиёде пайдо намудаанд. Аъзои даста пайваста бо сокинони маҳаллаҳо вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, оид ба масъалаи беҳдошту ҳифзи саломатӣ, бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин бемориҳои фишорбаландӣ, бемории қанд, бемории ҳорӣ, СПИД ва бемории коронавирус суҳбату корҳои оммафаҳмонӣ мегузаронанд. Бо марказҳои саломатӣ
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
Прокуратураи вилояти Хатлон
ДИҚҚАТ ОЗМУН!
алоқаи зич дошта, фасилитаторҳо дар кору амали онҳо, гирифтани маълумоти тиббӣ кумаки зиёд мерасонанд. Метавон дар ин бахш аз фаъолияти дастаи ҷомеавии саломатии деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ёдовар гардид. Ба дастаи мазкур ҳамшираи тиббии маркази саломатии деҳа Оламбӣ Мирзоева вобаста карда шудааст. Оламбӣ дар соҳаи тиб таҷрибаи бой дорад. Ӯ қариб 40 сол боз дар соҳаи тиб фаъолият менамояд. Чуноне Оламбӣ иброз дошт, ӯ бо дастаи ҷамоавӣ ҳамкории мустаҳкам дорад. Мунтазам бо аъзои даста вохӯрӣ ва мониторингҳо баргузор намуда, бо навигариҳои соҳаи тиб шинос менамояд, доир ба ҳар як бемории паҳншуда маълумот медиҳад. Баробари гузаронидани вохӯрию мониторингҳо ҳар гуна брошюра, маълумотнома, буклету дастурҳои омодакардаи мақомоти болоиро ба аъзои даста дастрас менамояд. Ин имкон медиҳад, ки аъзои дастаи ҷомеавӣ ҳангоми вохӯрӣ чи дар мактаб ва чи дар ташкилоту муассисаҳо ва ҳатто дар хонаҳо озодона ҳамчун донандаи соҳаи тиб суҳбат кунанд. Масъулият ва фаъолияти хуби чунин нафаронанд, ки имрӯз маърифати тиббии аҳолӣ низ як дараҷа баланд гардида, дар кори ба роҳ мондани чораҳои профилактикӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайра чораҳои судбахш меандешанд. Оламбӣ Мирзоева изҳор дошт, ки дастаи ҷомеавии саломатии деҳа, аъзои он вазифаи худро хеле хуб медонанд ва мувофиқи мақсад фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки чунин ташкили кор ба мақсад мувофиқ аст. Ва зарур аст, ки ин кор минбаъд ҳам идома дода шавад. Зеро тавассути марказҳои саломатӣ ва дастаҳои ҷомеавӣ имкон пайдо мешавад, ки аҳолӣ ҳарчи бештар оид ба тиб маълумот пайдо намуда, дар беҳдошти саломатӣ, нигоҳдошти он саҳми муносиб гузошта шавад. Наҷот САФАРЗОДА
мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад». Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ, мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад. Дар баробари ин, муносибат ва бархӯрди қонунӣ ба ҷараёни коррупсия дар доираи ду санади меъёрии ҳуқуқии дигар-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 319,320) ва Ко-
декси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Санадҳои зикршуда ҷанбаҳои мухталифи муносибату бархӯрд бо ин зуҳурот, инчунин меъёрҳои қонунии ҷазоро нисбат ба ашхосе, ки ба чунин кирдор даст мезананд, муайян кардааст. Ҷиҳати ба роҳ мондани бархӯрди ҷиддӣ бо падидаи коррупсия ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми январи соли 2007 ниҳоди махсуси назоратӣ ташкил шудааст, ки сиёсати давлатиро дар самти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба роҳ мемонад. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи кӯтоҳи соҳибистиқлолии худ баҳри пурра решакан намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда корҳои муайянеро ба анҷом расонида, дар самти мубориза ба муқобили он ба дастовардҳои хуб ноил гардидааст. Х. Ҷалилзода, муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо раванди бунёди садҳо иншоотҳои хурду бузурги моҳияти гуногуни иҷтимоидошта бомаром идома доранд. Мардуми шарафманди ноҳияи Восеъ низ дар фазои сулҳу оромиши кишвар моҳияти таърихии ин санаи сарнавиштсози миллати тоҷикро сидқан дарк намуда, ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ки ҳадафмандона ба рушди иқтисодии кишвар, устуворгардонии пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва муҳайё кардани зиндагии боз ҳам шоистатар барои мардуми сарзамини аҷдодӣ нигаронида шудааст, дар ҳама ҷабҳаҳои истеҳсолӣ собитқадамона заҳмат мекашанд. Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили ботантанаи ҷашни бузурги миллат бунёди 405 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми як соли охир дар ҳудуди ноҳия тавассути мунтазам роҳандозӣ намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, сохтмони идораҳои маъмурӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот аз шумори муассисаҳои ҷашнӣ 238 иншоот бо сифати баланд ва тарҳи замонавӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, симои маркази ноҳия- шаҳраки Ҳулбук бо қомат афрохтани иншоотҳои замонавӣ қабои меъмории худро дигаргун кардааст. Ба анҷом расидани корҳои сохтмонии қасри фарҳанг, бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия, таъмиру таҷдиди бинои беморхонаи марказӣ, азнавсозии гулгашти фароғатӣ бо афрохтани пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, сохтмони маркази тиҷоратӣ бо силсилануқтаҳои хизматрасонии маишӣ-сартарошхона, кошонаи ҳусн, бо тарҳи замонавӣ таҷдиду азнавсозии боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва дигар амалҳои созанда ба намои шаҳрак боз ҳам ҳусни зебою чашмрас зам хоҳад кард. Рангубор ва иваз намудани болопӯши хонаҳои баландошёнаи истиқоматии сокинони шаҳрак, ки бо иқдоми бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳамраъйии фаъолони маркази ноҳия рӯи кор омад, воқеан ба талаботи замон мувофиқ
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
барои ишғоли мансаби холии зерин озмун эълон менамояд:
Мансаб: Мутахассиси прокуратураи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Андозаи музди меҳнат: 624 сомонӣ. Талабот нисбати мутахассис: - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ; - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд; - на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 15 июни соли 2000 Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев 8, прокуратураи вилояти Хатлон, телефон: (83222) 2-55-00.
МУЗОЯДА
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш барои ба фурӯш баровардани манзили истиқоматии қарздор, воқеъ дар ноҳияи Вахш, Ҷамоати шаҳраки “Киров” деҳаи Тепалик иборат аз як ошёна, 2 ҳуҷраи зист, (масолеҳи сохтмониаш лой-похса, масоҳати зери сохтмонаш 69 мм, масоҳати умумиаш 51,60 мм, сатҳи фоиданок 51,60 мм, масоҳати сатҳи зисташ 44,40 мм-ро бо нархи 110000 (яксаду даҳ ҳазор) сомонӣ музояда эълон менамояд. Муҳлати баргузории музояда: 30 рӯз баъд аз нашри эълон, соати 9:00 Ҷойи баргузории музояда: бинои иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш Телефонҳо барои маълумот: 8(3246) 2-42-22, 93-300-20-47.
МУЗОЯДА
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш барои ба фурӯш баровардани манзили истиқоматии қарздор, воқеъ дар ноҳияи Вахш, Ҷамоати шаҳраки Вахш, кӯчаи Ленин иборат аз як ошёна, 2 ҳуҷраи зист (масолеҳи сохтмониаш хишти хом), масоҳати зери сохтмонаш 52 мм, масоҳати умумии биноҳо 36,86 мм масоҳати зист 29,69 мм ва 52 мм-ро бо нархи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ музояда эълон менамояд. Муҳлати баргузории музояда: 30 рӯз баъд аз нашри эълон, соати 9:00 Ҷойи баргузории музояда: бинои иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш Телефонҳо барои маълумот: 8(3246) 2-45-89, 93-565-31-31.
МУЗОЯДА
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш барои ба фурӯш баровардани манзили истиқоматии қарздор, воқеъ дар ноҳияи Вахш, Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ” деҳаи Дӯстӣ иборат аз як ошёна, 4 ҳуҷраи зист масолеҳи сохтмониаш оҳан-бетон), масоҳати зери сохтмонаш 209 мм, масоҳати умумиаш 179,60 мм, сатҳи фоиданок 179,60 мм, масоҳати сатҳи зисташ 134,40 мм бо нархи 110000 (яксаду даҳ ҳазор) сомонӣ музояда эълон менамояд. Муҳлати баргузории музояда: 30 рӯз баъд аз нашри эълон, соати 9:00 Ҷойи баргузории музояда: бинои иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Вахш Телефонҳо барои маълумот: 8(3246) 2-42-22, 93-300-20-47.
ЭЪТИБОР НАДОРАД Шаҳодатномаи гумшудаи Т-АТУ №0662541, ки онро соли 2019 МТМУ №1-и ноҳияи Дӯстӣ дар бораи хатми синфи 11 ба Чариева Марал Муратгелдиевна додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии гумшудаи манзили истиқоматии №1047 аз 06.06. 1968 бо шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз 07.02.1997 таҳти №16, ки онхоро Корхонаи давлатии фаръии ”Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ҷамолиддини Балхӣ ба сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ Ҷамоати шаҳраки Балх, кӯчаи Сулҳ, хонаи 37 Раимджон Турсунов додааст, эътибор надорад.
ТалошЊо дар корзори созандагиЊо
ва шоистаи таҳсин аст. Бунёди инфрасохторҳои иҷтимоӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини деҳот, аз қабили кушода шудани коргоҳҳои адрасбофию эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту мавзеъҳои фароғатӣ ва вусъати амалҳои ободонию кабудизоркунӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, ки аз омилҳои баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд, бешак барои вусъати соҳаҳои кишоварзию саноатӣ ва васеъ гардидани ҷаҳонбиниву дарки масъулиятшиносӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дигар неъматҳои моддӣ мусоидат карда, дар камолоти ояндаи ҷисмониву маънавии насли ҷавони ҷомеа дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва садоқатмандӣ ба халқу ватан заминаи боэътимод гузошта мешавад. Бо мақсади тезонидани раванди босуръати саноатикунонии кишвар дар доираи нақшаи сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ то имрӯз дар ноҳия 1 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, 1 корхонаи истеҳсоли регу сангмайда, 1 корхонаи истеҳсоли равған ва масолеҳи сохтмонӣ, 1 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ, 1 корхонаи коркард ва истеҳсоли нахи пахта, 2 коргоҳи хурди коркарди пахта, дар маҷмӯъ 7 корхонаи нави саноатӣ бо фарогири беш аз 180 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудаанд. Ҳамчунин аз ҳисоби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар самти инфрасохтори нақлиётӣ 7,3 км таъмири асосӣ, таъмири 5 адад пул бо дарозии 56 метр ва сангфарш кардани 52,5 км роҳ ба маблағи 2,2 миллион сомонӣ ба сомон расонда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки бунёди корхонаҳои нави замонавӣ, нуқтаҳои хизматрасонии тиббию маишӣ, тиҷоратӣ ва дигар амалҳои созанда шаҳодати гузоштани қадамҳои устуворона ба сӯи фардои дурахшон аст. Раванди корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди 128 иншооти ҷашнӣ бомуваффақият ҷараён доранд. Лоиҳаҳои сохтмони 29 иншооти дигар тарҳрезӣ шуда, дар наздиктарин фурсат корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо оғоз хоҳанд шуд. Бо ин мақсад то ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Ҳангома паҳлавонова Тарроҳ: Сафаралӣ сатторов
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 22 корхона ва коргоҳҳои хурду калони истеҳсолӣ, аз ҷумла Маркази тиҷоратию хизматрасонӣ бо фаъолияти коргоҳи адрасбофӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ, ба кор даровардани хатти нави истеҳсолӣ дар шафати корхонаи ҶСП «Хоҷамуъмин», сохтмони гимназияи хусусӣ, 2 муассисаи томактабӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогири 3000 ҷойи нишаст, бунёди 12 иншооти фарҳангӣ, аз қабили клубу китобхона ва боғу гулгаштҳои фароғатӣ, 22 адад майдонча ва толорҳои варзишӣ, 38 иншооти тиббӣ, сохтмони 8 бинои маъмурӣ, 6 хонаи истиқоматии миёнаошёна, таъмири 15 бинои истиқоматии 2 ва 4 ошёна, сохтмони 137 маркази хизматрасонӣ бо фарогири ҳаммом, меҳмонхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ба масофаи 38 км, кашидани 3,5 км. хатҳои барқ, чароғонкунии кӯчаҳо ба фосилаи 3 км, шинонидани 4 адад трансформаторҳо ва чандин ифрасохторҳои гуногуни иҷтимоӣ ба анҷом хоҳанд расид. Бо тарҳи муосир эҳё ва барқарорсозии мавзеи таърихии «Қайнар» дар Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов беҳтарин амали бунёдкоронаест, ки аз арҷгузорӣ ба мавзеъҳои таърихии диёр башорат дода, ин мавзеъ ба ҷалби сайёҳони ватанию хориҷӣ ва муаррифии табиати зебои Тоҷикистони азизи мо роҳ мекушояд. Анҷоми муваффақонаи иншоотҳои ҷашнӣ на танҳо ба фароҳам омадани садҳо ҷойи кории доимӣ ва беҳдошти рӯзгории иҷтимоии мардуми ноҳия мусоидат мекунанд, балки дар самти болоравии сатҳи иқтисодӣ ва ғанӣ гардидани буҷаи маҳаллӣ бо пайдо шудани манбаъҳои нави пардохти андозу суғуртаи иҷтимоӣ таъсиргузоранд. Ин ҳама талошҳо бо азму нишоти содиқона дар корзори ободкориву созандагиҳо аз неруи қавии заҳматкашони ноҳия ва ҷонибдории комили давлату Ҳукумати кишвар ва садоқати бепоёни хурду калони ноҳияи Восеъро ба сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат башорат медиҳанд. Абдушукур Исоев, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 10.06.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896