Skip to main content

Шумораи 25

Page 1

Рўзи Вањдати миллї муборак, њамватанони азиз!

ХАТЛОН

7 рЎзи ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №25 (3162)

сешанбе, 26 июни соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

ВОХЎРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ФАЪОЛОНИ КЎЛОБ Дар ќароргоњи раиси вилояти Хатлон дар шањри Кўлоб вохўрии раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода бо фаъолон, роњбарони ташкилоту муассисањои шањрию минтаќавї, соњибкорон ва муассисони корхонањои саноатии шањри Кўлоб баргузор гардид. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилоят хабар доданд, дар љамъомад зикр шуд, ки корхонањои саноатии шањри Кўлоб дар давоми 5 моњи соли љорї ба андозаи 71248,5 њазор сомонї мањсулот истењсол намуда, њаљми истењсолро нисбати њамин давраи соли гузашта 61313, 7 њазор сомонї (13,9%) зиёд карданд. Бо вуљуди ин, дар ин давра аз 47 корхонаи саноатї 17 адади он фаъолият накарда, 8 корхонаи дигар њаљми истењсоли мањсулотро нисбат ба њамин давраи соли гузашта кам намуданд. «Тибќи маълумоти дастрасшуда, аксари корхонањои болозикр дар ќиёс ба њамин давраи соли гузашта неруи барќро ба маротиб зиёд истифода намудаанд. Аз нигоњи масъулин бошад, сабабњои фаъ-

олият накардан ва ё коњиш ёфтани њаљми истењсоли мањсулот дар ин корхонањо беэътиноии соњибмулкон ва роњбарони корхонањо арзёбї мегардад», афзуд манбаъ. Дар љамъомад раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода ќайд намуд, ки бунёди корхонањои саноатї боиси устувор гардидани иќтисодиёт ва коњиш ёфтани љараёни муњољирати корї гардида, ба таъмини шањрвандон бо љойњои кории нав мусоидат менамояд. Аз ин лињоз, њар як фарди ватандўсту соњибхирад, тољирону соњибкоронро зарур аст, ки бањри вусъат бахшидан ба раванди бунёди корхонањои саноатї њиссаи босазо гузошта, 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистонро бо туњфањои арзандаи мењнатї истиќбол гиранд.

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ЊУНАРОМЎЗЇ ДАР КЎШОНИЁН Дар ноњияи Кўшониён дар доираи Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї бо ташаббуси Њизби халќии демократии Тољикистон ва дастгирии сафорати Чин дар Душанбе Маркази омўзиши њунарњои мардумї таъсис дода шуд. Тавре ки ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, барои ин марказ 16 адад мошинаи дарздўзї таќдим карда шуд. Дар маркази номбурда ба 20 нафар духтарони дењот њунарњои мардумии попурдўзї, куртадўзї, либосњои мактабї ва гулдўзї аз љониби омўзгорони ботаљриба омўзонида мешавад. Духтарони Маркази омўзишї тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи соли нави тањсил барои хонандагон либосњои мактабиро бо тарњи замонавї омода ва пешнињод намоянд.

АЗМИ БУНЁДИ КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРЇ Дар ноњияи Њамадонї бањри амалї намудани яке аз нуќтањои Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї дар самти бунёд ва барќарор намудани корхонаву коргоњњои парандапарварї тадбирњои зарурї роњандозї мегардад.

Ќабули сайёри шањрвандон

Зиндагии осудаи мо дар сулњу вањдат аст Рўзи шанбеи њафтаи сипаригардида раиси вилояти Хатлон, узви Маљлиси миллї Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода ќабули сайёри хешро дар ноњияи Ховалинг гузаронида, ба арзу матлаби сокинони ноњия расидагї намуд. Ќабл аз оѓози мулоќот раиси вилоят аз намоиши мањсули зањмати њунармандону кишоварзони ноњия дидан намуда, бањри рушди соњањо маслињатњои муфид дод.

Сокини Љамоати дењоти «Лоњутї» Ѓайратшо Тоњиров атрофи бунёдкориву ободонии гўшаву канори ватани азизамон сухан ронда, аз Президенти мамлакат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Эмомалї Рањмон изњори сипос намуд, ки бо шарофати сиёсати оќилонаи меъмори сулњу вањдат дар дењаи Њалќаёри љамоати мазкур ањолї тайи чор соли охир ба орзую омоли садсолањодоштаи хеш расидаанд. Дар ин мавзеъ мактабњои нав ќомат афрохта, пул сохта шуд, ки дењањои атроф ва ноњияро ба њам пайвастааст ва муњим аз њама хатњои интиќоли барќ бунёд гардида, хонадони сокинони ин мавзеи дурдаст чароѓон гардиданд. Ягона камбуд дар ин дењот 17 километр роњро сангфарш кардан лозим меояд. Оид ба њалли ќазияи мазкур раиси вилоят андешањои хешро иброз намуда, таъкид дошт, ки бунёду тармими роњњои мошингарди Восеъ, Кўлоб, Ховалинг аз ѓамхорињои навбатии Президенти мамлакат шањодат медињад. «Соњибкорони мањаллиро низ зарур аст, ки дар партави ин ѓамхорињо ва бунёдкорињо ба ободонии мањал камар банданд», - ироа дошт раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода. Олимљон Олимов, омўзгор аз дењаи Заргариён, зимни мурољиат ба раиси вилоят ёдовар гардид, ки дар Филиали коллељи омўзгории шањри Кўлоб дар ноњияи Ховалинг гурўњњои ѓоибона таъсис ёфта буд ва аз њисоби омўзгорон занону бонувони зиёде ин макони илмро хатм намуданд. Имсол бошад, тибќи

њуљљатгузорї охирин соли фаъолияти шуъбаи ѓоибонаи Филиали коллељи омўзгорї дар ноњия мебошад. Аз ин рў, минбаъд низ шуъбаи ѓоибона фаъолият менамуду омўзгорон тањсил намуда, сатњи дониши худро баланд мебардоштанд. Бањри њалли ќазияи мазкур раиси вилоят ба масъулини соња якчанд дастур дод. Мављуда Салимова, хоњари шавќат, аз Љамоати дењоти «Ховалинг» нисбати сохтмони шуъбањои амрози дарунї ва љарроњии Беморхонаи марказї, ки муддати мадиде оѓоз ёфтаву то њанўз ба анљом нарасидааст, арзи матлаб намуд. Равшан гардид, ки сохтмони иншооти мазкур бо маблаѓгузории Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ба маблаѓи 4 миллиону 596 њазор сомонї аз соли 2007 оѓоз гардида, айни замон се миллиону 68 њазор сомонї аз худ карда шудааст. Амирхон Саидзода, директори осорхонаи ноњияи Ховалинг, нисбат ба хатсайри сайёњї ворид намудани ноњияи мазкур, ки дорои мавзеъњои сайёњиву таърихї, аз ќабили Кўлдара, Хонаќои Севодара, Оби мазор, 5 адад сангтўдањо, маъбади буддои Чепол, тањљои шањри Мунк, осорхонаи Восеъ, марќадњои Султон Увайси Ќаранї, Хоља Аюби Ансорї ва дањњо чашмањои шифобахш ба роњбари вилоят мурољиат намуд. Њамин тавр, Малоњат Сатторова, сокини Љамоати дењоти «Љомбахт» оид ба дастрасии пахши мављи телевизиони Хатлон изњори андеша намуда, хоњиш намуд, ки барои таъмини ањолї бо мављи телевизиони вилояти Хатлон кумак намоянд. Гулмуродов

Толибшо, соњибкор, доир ба идома додани фаъолияти ЉДММ «Гули Мурод» мурољиат кард. Неъматулло Ќаландаров, сокини ноњия, иброз дошт, ки Президенти мамлакат дар мулоќоташ бо фаъолони вилоят дар ноњияи Данѓара оид ба захираи хўроки чорво дастуру супоришњои муфид доданд. Агар ба ноњияи Ховалинг низ дастгоњњои прескунї (бастабандї) ворид мегардид, кори дењќонон хуб ба роњ монда мешуд. Зеро ноњияи Ховалинг дорои захираи бойи алафњои табиї ба шумор рафта манбаи асосии хўроки чорво аст. Ќазияи мазкур низ фаврї мавриди њаллу фасл ќарор гирифт ва роњбари «Агролизинг»-и Љумњурии Тољикистон Юсуф Шоев дар суњбати телефонї ваъда дод, ки рўзњои наздик дастгоњњои прескунї ба ноњияи Ховалинг фиристода мешавад. Пас аз шунидани арзу матлаби сокинони ноњияи Ховалинг раиси вилоят аз масъулини соњањои иќтисодиву иљтимої пурсиш ба амал оварда, бањри њалли камбудињои љойдошта дастуру супоришњо дод. Аз љумла таъкид дошт, ки барои рушду тараќќиёти ноњия бояд лоињањои сармоягузорї тањия гардида, ба Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти дахлдор пешнињод гардад. Яке аз масъалањои муњиме, ки раиси вилоят таъкид дошт, омодагињои њамаљониба ба љашни 30- солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад. Дар ин замина Давлатшоњ Гулмањмадзода таъкид дошт, ки бояд фаъолияти пурраи корхонањоро ба роњ монда, корњои ободониву созандагиро вусъат бахшида, нуќтањои хизматрасонии маишї, коргоњњои истењсолї бунёд намоянд. Соли 2018, ки бо иќдоми Роњбари давлат Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидааст. Сокинони ноњияи зебоманзару хушбоду њавои Ховалингро зарур аст, ки њунари дастони хешро равнаќ бахшида, пешкаши сайёњони хориљиву дохилї намоянд, ва муњим аз њама, мењмонхонаю нуќтањои хизмати маишии љавобгў ба меъёрњои љањонї бунёд созанд. «Танњо дар ин сурат метавон сайёњони ватаниву хориљиро љалб намуд», таъкид дошт раиси вилоят дар фарљоми мулоќот бо ањолї. Вахшона, «Хатлон» Аксбардор М. СОТИЕВ

тољикон сулњи бесобиќа доранд «Њодисаи фарањбахше, ки миллати тољик, њамаи тољикистониён ва дўстони дуру наздики мо њангоми имзои њуљљати таърихї – Созишномаи умумї аз сар гузарониданд, моњиятан як давраи томи таърихро дар худ таљассум менамояд. Љидду љањд ва умедворињои 5-6 соли охир барои нигоњ доштани давлати миллии тољикон мањз дар њамин рўзи саид љомаи амал пўшид. Ман имрўз гуфта метавонам, ки насли њозираи миллати тољик њарчанд аввал пешпо хўрд, имрўз фирўз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи ањриманиро, ки дар майнаи халќи мо љой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони зањњокиро, ки љони љавони садњо фарзандони моро ќурбон мекарданд, саркўб созад… Аќли солим ва хиради дурбин пирўз шуд. Рўзи фархундае, ки онро дар њамаи шањру ноњияњо ва дењоти дурдаст, дар њамаи оилањо интизор будем, фаро расид». Аз Мурољиатномаи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, 27 июни соли 1997 «Тољикистон дар њалли муноќишањои дохилї барои бисёр мамлакатњои дигар намунаи беназир армуѓон овард ва таљрибаи сулњи тољикон бо рањбарии Эмомалї Рањмон бесобиќа, ќобили омўзиш ва истифода мебошад». Кофи Аннан, собиќ Дабири кулли СММ «Тољикистон дар солњои 90-уми ќарни ХХ, дар ибтидои ба даст овардани истиќлолият гирифтори низои шањрвандї гардид. Ин кишвар танњо ба шарофати хиради роњбарони сиёсї ва тањаммули мардум мухолифатро аз байн бурда, ба љомеаи байналмилалї бењтарин намунаи идораи низоъро тавассути музокирот, миёнаравї ва њамкорї бањри бартараф кардани харобињои љанги шањрвандї нишон дод». Ренда Муњаммад Слим, профессори Донишгоњи Каролинаи Шимолї «Бунёди сулњ танњо вазифаи роњбарони давлатї нест, балки масъулияти њар як фард аст. Барои пойдории сулњ иштироки одамон дар раванди оштї зарур аст… Агар сањмгузории бештари мардум дар раванди оштї таъмин гардад, имконияти нигоњ доштани сулњ ва пойдории он меафзояд». Љон Пол Ледерак, профессори Пажўњишгоњи байналмилалии сулњофарии ба номи Хоан Б. Крок, Донишгоњи Нотердам “Фаќат љанг набошад шуд. ман аз сулњ дар Тољикистон нињоят мамнунам. Инсони бољасорату хирадманд Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон тавонист формулаи “сулњ дар љанги бародаркушї”ро ёбад... Ман Тољикистони озодаву осоиштаро дўст медорам, ки шабењи Доѓистони ман аст. Тољикистонро њангоме ки дар телевизион мебинам, онро аз Доѓистон фарќ намекунам. Ваќте дар бораи Доѓистон мегўянд, гумон мекунам, ки Тољикистон бошад”. Расул Ѓамзатов, адиби маъруфи доѓистонї “Эмомалї Рањмон гурги дањшатангез ва кафтори љанги шањрвандиро дар ќафас љо кард. Ў оташро дар найистон фурў нишонд, ки миллати куњансол ва давлати навбунёдро саросар метавонист бисўзонад. Ин корномаи бузурги як сиќёсатмадор аст”. Темур Зулфиќоров, адиби љањоншумули тољиктабори русзабон “Мукофоти њар кас бояд мувофиќи хизматаш бошад. Љањониён огоњанд, ки сулњ дар Тољикистон натиљаи зањмати Эмомалї Рањмон аст”. Михаил Горбачёв, аввалин ва охирин Президенти СССР “Ин санаи воќеан таърихї барои халќи азизи мо бисёр муњим мебошад, зеро он давлати љавону соњибистиќлоли тољиконро аз хатари нобудї ва миллатро аз парокандагї рањо намуд ва ибтидои раванди барќарорсозии харобињои љанги тањмилї ва созандагии Ватани мањбубамон гардид”. Эмомалї Рањмон, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон

Бо ин маќсад бо ќарори раиси ноњия ќитъаи замин барои сохтмони корхонаи парандапарварї дар масоњати 1,34 га људо шудааст. Айни њол аз тарафи соњибкор аз Љамоати дењоти ба номи С. Тўрдиев Исмоил Одинаев корњои њамворкунї ва мустањкамкунии замини зери бинои ферма ба анљом расида,

барои сохтмони тањкурсии бинои асосї маводи сохтмонї, аз љумла 17 000 дона хишти хом омода шудааст. Фермаи мазкур барои парвариши панљ њазор сар мурѓ сохта шуда, дар сурати ба фаъолият оѓоз намудан дар он 9 нафар бо љойи кори доимї таъмин мегарданд.

ЗЎРОВАРЇ ДАР ОИЛА ЉАВОБГАРЇ ДОРАД Суди ноњияи Вахш як марди 60-соларо барои амалњои зўроварї дар оила ба љавобгарї кашид. С. Файзуллозода, судяи Суди ноњияи Вахш, зимни ироаи ин хабар ба рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки Њасан Бобоќулов њанўз соли 1977 бо С. Бобоќулова оила барпо карда, соњиби 8 фарзанд гардидаанд. Зану шавњар дар пайи номуросоии бардавом дар поёни соли 2015 аз њам људо шудаанд. «Онњо дар як манзил, вале алоњида зиндагї мекарданд. Бањси таќсими замин аъзои ин оиларо ба сангарњо људо намуду бовуљуди људо шудан аз њамсар Њ. Бобоќулов бо њар бањона С. Бобоќуловаро озор дода, нисбаташ латукўбро низ раво медид. Нисбати ин кирдори ѓайриќонунии Њасан Бобоќулов парвандаи љиноятї боз карда шуда, Суди ноњияи Вахш ба ў тибќи моддаи 117 ќисми 1-и Кодекси љиноятї љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати якуним сол бо адо намудани љазо дар колонияњои ислоњии дорои низомаш умумї таъйин кард. Ин љазоро суд шартан татбиќ накарда, ба Њ. Бобоќулов як сол муњлати санљишї муќаррар намуд», - афзуд С. Файзулозода. Суд њамчунин, барои дар оянда роњ надодан ба чунин камбудињо, яъне бетарафї нисбат ба хушунату зўроварї ба нозирони минтаќавии милитсия дастури ќатъї дод.

МАЊВИ ДОРУЊОИ ПАСТСИФАТ Дар партовгоњи марказии шањри Бохтар беш аз 90 њазор адад маводи доруворї ва молњои тиббию маводи ороишию гигиение, ки муњлати истифодаашон гузаштаву ба талаботи меъёрї љавобгў набуданд, сўзонда нобуд карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуотии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон, аз 767 номгўи маводи мањвшуда 502 номгўяш ё 91 њазор 814 ададаш дар асоси мактуби панљ ширкати фармасевтї барои несту нобуд кардан ба анбори Сарраёсат супорида шуда буданд. Аз љамъи умумии мавод 265 номгўй ё 170 ададашро мутахассисони Сарраёсат њангоми санљишњои наќшавї аз муомилот бардоштаанд. Гуфта меша-

вад, нисбати нафароне, ки ба ќонуншиканї роњ додаанд, аз тарафи Сарраёсат ба љавобгарии маъмурї кашида шуданд. Љойи зикр аст, ки мутахассисони Сарраёсат давоми 6 моњи сипаришуда 100 санљиш гузаронида, нисбати нафароне, ки ќонунро риоя накарданд, 1400 протоколи њуќуќвайронкунї ба маблаѓи 267,8 њазор сомонї тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидааст. Дар ќаламрави минтаќаи Бохтари вилояти Хатлон 395 дорухонаи тобеи 42 ширкати фарматсевтї фаъолият доранд.

ВУСЪАТИ УМУРИ ДАРАВГАРЇ ДАР МИНТАЌАИ КЎЛОБ Имсол ѓаллакорони ноњияњои минтаќаи Кўлоб дар майдони 84390 гектар ѓалла кишта, азм доранд, ки мањсули дастранљи хешро беталаф љамъоварї намоянд. Барои сариваќт даравидани њосили ѓалла 269 комбайн дар хатти омодабош ќарор гирифтааст, ки алњол ќисмати зиёди онњо машѓули љамъоварии њосиланд. Ѓаллазорњои аз њама беши минтаќа мутааллиќи ноњияњои Данѓараву Фархор ва Восеъ аст. Чунончи, майдони ѓаллазори ноњияи Данѓара 18184 гектар, Восеъ 11622 ва Фархор 11120 гектарро ташкил менамояд. То нимаи якуми моњи июн наќшаи дурнамо ба андозаи 20 фоиз иљро гардидааст.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


2 (Идома аз шумораи №24) И. Кант арзишмандии натиљаи тарбияро дар он мебинад, ки агар фарзанд тавонад, њолатњои ѓайричашмдошти рўзгорро мардонавор паси сар намояд: "Ў бояд хеле барваќт муќовимати њатмиеро, ки љомеа (атроф) ба вай нишон медињад, бинад, эњсос намояд. Барои он ки аз уњдаи вазифаи мушкили дар пешистодааш барояд, худро эњтиёт карда тавонад, ќудрати тоќат карданро дар рў ба рўи мањрумиятњо дошта бошад, мењнат кунад, зањмат кашад, ба дастмузд муяссар шавад, ки дастнигар намонад" (Њамон љо, сањ. 458). Андешаи файласуфи маъруф нисбати муносибат ба мушкилї, сањлкорї ва сањлљўї дар рўзгор љолиби таваљљуњ аст. Дар ин мавзўъ омирона таъкид мекунад: "Моил будан, љустани роњи осони њаёт - аз ин бадтар дар зиндагї дигар коре нест" (Њамон љо, сањ. 482). Андешаи фањми мушкилї, љустуљўи аќлонии роњњои њаллу фасли он ба тарзи системавї, зиндагии инсонро дунболагирї мекунад. И. Кант љавњари аслии зањматњои шахсро дар нексириштї мебинад. Дар ин маврид мутафаккири бузург таъкид мекунад, ки "инсон на танњо барои тамоми намуди фаъолият омода бошад, балки чунин тарзи тафаккурро бояд интихоб намояд, ки љавњари онро фаќат некї ва накукорї дар бар гирад. Кори нек он аст, ки мавриди пазириши њамагон аст. Ва ин гуна рафтор, маќсади њар шахс дар алоњидагї аст" (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 454). Тарбияи аќлониро И. Кант аз муњимтарин љузъиёти фаъолияти самараноки инсонї мешуморад. Ба аќидаи ў, онеро њушманд ва боаќл шуморидан мумкин аст, ки дар љомеа, дар байни мардум, дар миёни кормандон бо фарњанги гуфтор, рафтор, муносибат ба кор манзалати шоиста дошта бошад. Ўро муњим ва муассир шуморанд. Њамзамон, "эњтиром гузоштан ба дигарон, доштани шеваи неки муошират, риояи сабк ва арљгузорї ба инсонњо шароит фароњам меорад, ки имконоти ононро маќсаднок истифода кунанд" (Њамон љо, сањ. 454). Айни чунин мантиќи ахлоќї, ки маънии "Хизмат кун, то хизматгор ёбї"-ро дорад, Саъдї бењтар ва бо сабки бадеї иброз доштааст: "Муроди њар кї барорї, мутеи амри ту гашт" (С. Шерозї. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 173). Ба андешаи ин љониб, аслан њарф сари муносибати одии одамї, одамигарї ва некукорї меравад. Оид ба тарбияи характер Тибќи андешаи И. Кант, характер маљмўи нисбатан устувори њолатњои рўњиву равонии инсон аст. Дар баробари факторњои иљтимої омилњои физиологии инсон, вазъи иљтимої, воќеияти зиндагї, муњити атроф, алоќањо ва миёнљигарињо аз омилњое њастанд, ки моњият, мундариља ва самтгирии хислати инсониро муайян мекунанд. Тањлили эљодиёти И. Кантро дар муносибати гносеолигии ў нисбати характери инсон, дар маљмўъ, ба чор унсур људо кардан мумкин аст: Аввалан, хусусиятњое, ки рафтори инсонро дар умум мадди назар мегиранд. Аз ќабили доштани масъулият, нангу номус, њисобот додан дар назди виљдони хеш, падару модар, наздикон ва љамъият оид ба он ки дар чањорчўбаи ин талабот ў то кадом андоза интизории шахсони мавриди назарро њамчун инсони аз лињози иљтимої масъул ба љо овардааст, ба боварии онон сазовор гаштааст; дуюм, муносиботи инсон бо наздикон, дўстон, њамкорон, љомеа; сеюм, љањонбинї, тарзи муносибат ба воќеъияти љомеа, самти афзалиятноки мавќеъгирии идеявї, эътиќодї ва асосноккунии он аз нигоњи илм, маърифат; чањорум ва муњимтар аз њама, муносибати инсон ба мењнат, мушкилот, тавоноии паси сар кардани монеањо. Ин ќисмати характери инсониро И. Кант моњият ва мундариљаи зиндагї - ягона меъёри бањо додани сифати инсон, "матои бофташудаи он" мешуморад. Файласуфи барљаста муътаќид аст, ки асоси характерро принсипњо ташкил мекунанд. Яъне, одам дар зиндагї ба кадом авлавиятњо афзалият медињад, чї чизро муњимтарин, асоситарин, тањкурсї, арзишманд, асос мепиндорад, ба он эњтиром ва эътиќоди хоса дорад, онро сароѓози амал ва муќаддасот мешуморад. Аз кадом зуњурот фосилагирї кардан мехоњад. Барои њамин, дар олам сухани њикматомези И. Кант "Характер - амал кардан аз рўи принсипњост" аз машњуртарин љузъиёти шинохти структуравии характери инсонї эътироф карда мешавад. Ба аќидаи ў, "принсипњо ба таври худ њамон ќонунњо мебошанд, аммо характери субъективї доранд". Сарчашмаи чунин принсипњоро љавњари шуури худи шахс мешуморад: "ин гуна принсипњо аз аќли инсонї бармеоянд". Файласуфи немис таъкид месозад, ки як амал, як рафтори хуб ва ё номатлубро набояд иштибоњан характери шахс номид, хулосаи нодуруст баровард. Баръакс, хислат ва сифати инсон гуфта, маљмўи гуфтор, рафтор ва амали ў дар назар дошта мешавад. Борњо такрор гаштани сабки рафтор - ишораи љиддї ва хулоса дар бораи характери инсон аст. И. Кант муњимтарин љузъиёти характери фаъолияти фикрии майнаи инсонро дар иродаи ў мебинад. Ирода гуфта, амали бошууронаи инсонро мадди назар дорад, ки ў мушкилоти дар пешаш истодаро сарфи назар карда, амали маќсадноки худро ба даст меорад. Ба тарзи дигар, ирода - ќудрат ва тавоноии инсон аз болои худи инсон аст. Дар њаракатњои шахс њамон ваќт вуљуд доштани ирода эњсос карда мешавад, агар ў тавонад монеа, мушкилоти пешомадаро паси сар кунад. На бо эњсосоти номатлуб, беасос, зери таъсири омили бегона, балки дар асоси дарк, фањми бозсанљишуда аз рўи андеша ва хирад амал намояд. Ва натиљаи тасмимаш баъдан боиси озори хотираш нагардад. Хиљолат накашад. Шахсеро, ки камбуди иродаро аз худ ба намоиш гузоштааст, сарфи назар аз малака, дониш, таљрибаи зиндагї, наметавон марди муваффаќ номид. Сифати мардонагї њамрадифи иродатмандии инсон аст. Мањз барои њамин Њофиз ќотеона иброз доштааст, ки аз талаб даст намедорад, то коми ў ба даст наояд. Ё љони ў ба љонон мерасад, ё доштани љонро сарфи назар мекунад. Ба тарзи дигар "ѓолибият насиби касест, ки љонбозї мекунад". Мутафаккири олмонї фаќат њамин гуна шахсро мард номидааст. И. Кант таъкид месозад, ки "маънавиёт мансуб ба характер аст: "Sustine at abstine" - сабр намо, худдорї кун. Ин аст омодагї барои хирадмандии бурдборона (И. Кант. О педагогике. -М.: 1980. -С. 491). Чунки "тоќат кардан, сабру тањаммул намудан - асоси хиради инсонист" (Афлотун). Ў таъкид менамояд, шахсе мехоњад дар худ хислати некро тарбия кунад, бояд тавони онро дошта бошад, ки аз майл, шавќ ва раѓбате, ки ба обрўи ў халал ворид месозад, худдорї намояд. Аз бањри раѓбати њиссиётї барояд. Њангоми эњсоси мушкилот, нобарорї тавонад худро идора кунад. Файласуфи машњур хотиррасон менамояд: "Sustine - яъне тоќат кун, одат кун ба хирадмандии тањаммулпазирона". Файласуфи номї характери тањаммулпазирї, пуртоќатї ва мањз дар њамин асос расидан ба сарбаландї ва мустаќилияти шахсиро кори сањл намешуморад: "Агар хоњї, ки муњтољи дигарон набошї, бояд мард бошї, њадди аќал ба њамин гуна хислат моил бошї" (Њамон љо, сањ. 491). И. Кант барои ноил гаштан ба чунин хислат роњ нишон медињад: "Барои ин худро ба он омода намой, ки ба дархост ва хоњиши ту "не" мегўянд, ба ту муќобилият нишон медињанд" (Њамон љо, сањ. 491). Омўзиши забон ва услуби эљодї, сабки иншои асарњои И. Кант дар бораи хислату характери худи ин шахсияти бузург бењтарин мавод аст.

ХАТЛОН Маълум аст, ки файласуф як умр ранљ дидааст ва зањмат кашидааст, то маъруфияти љањоншумул пайдо кунад. Мањз ба њамин хотир, ваќте дар бораи шахсоне, ки соњиби иродаи ќавї нестанд, интизоми онон ниёз ба ислоњи љиддї дорад ибрози андеша менамояд, оњанги гуфтораш омирона, суханњояш нишонрас ва ќотеона садо медињанд. Мехоњад гўяд, ки "вафо хоњї аз умр, љафокаш бош" (Њофиз). Ў нисбати шахсе, ки кори имрўзро ба фардо мегузорад, хушбин нест. Зеро одами танбал як умр дар тараддуди оѓози кадом як коре њаст. Ба њамин маъно, И. Кант маломатомез мефармояд: "Ба шахсе, ки корашро мудом ба рўзи дигар мемонад, одамон чандон эњтиром намегузоранд. Чунин амал мансуб ба ислоњи замони оянда аст. Рафъи хулќи бад корест мањол. Ин гуна одамро на њаљ ислоњ мекунад, на рўза" (Њамон љо, сањ. 492). Муњимтарин љузъи шахсият коркарди характер аст. "Агар хулоса карда гўем, характер он аст: чизеро ќавл додем, гуфтем, бояд онро амалї созем. Vir propositi tennax - мегўяд Гораций - ана ин аст характери аслї!" (Њамон љо, сањ. 492). Масъалаи љолиби таваљљуњи махсусе, ки И. Кант мехоњад диќќати хонандаро ба худ љалб кунад, вазифа, масъулият ва уњдадорї аст. Талаби онро дорад, ки марди љавон ба он сарфањм равад: "Амал, кор, фаъолият барои ман ќимат аст, на барои он ки мувофиќ ба хоњиши ман аст, балки барои он, ки бо иљро кардани ин кор ман вазифаи худро адо мекунам" (Њамон љо сањ. 503). И. Кант таъкид месозад, ягона восита, роњ ва усуле, ки сифати шахсияти инсон, дараљаи камолоти ўро фањмидан мумкин аст, мењнат ва натиљаи кори ўст. Фаќат амал, фаъолият, ки самаранокии он ба дониш, малакаи касбї ва аќлу фаросати шахс вобаста аст, кї будани инсонро муайян месозад. Сатњи дониш, натиљаи кор ќодир аст "бандаро озод ва хољаро пойбанд дар мушкил гардонад" (маънї аз Саъдї). Дар вобастагї ба чунин масъулият, мутафаккири оламшумул хотиррасон мекунад: "Дар нињоди мо чизе њаст, ки таваљљуњи моро ба худ љалб месозад: 1) худи мо, 2) онњое, ки

сешанбе, 26 июни соли 2018, №25 (3162)

мо њазорњо метавон овард. Маълум аст, ки дараљаи номувофиќатии ирсият дар наслњо бештар ба структурањои физиологияи нейронњо, ки асоси функсияи майнаи инсонро ташкил мекунад, вобастагї дорад. Ба ѓайр аз ин, дар муносибати нейронњо њазорњо омилњои дигари узвњои дохилии инсон амал мекунанд. Њамаи онњо вобаста ба љараёнњои функсионалии дохилї, сифати мубодилаи моддањо дар њолатњои гуногун ќарор доранд. Ин вазъият, ки шояд аз миллиардњо љузъиёти функсионалї иборат бошад, "нусха"-и пурра шудани одамро аз одам дар дараљањои гуногун сарфи назар мекунад. Ба њам наомадани инсонњо ("мувофиќат накардани ситорањо") мањз аз њамин љињат ба омили ботинї вобастагї дорад. На берунї. Дар доираи вазъи тафсиргардида, нафароне, ки дар ирсияташон беморињои рўњї доранд, умуман дар назар дошта намешаванд. Эњтимоли ѓайри меъёрњои солим рафтор кардани наслњои онон сабабњои воќеї ва интизоршаванда дорад. Дар њар сурат, инсон наметавонад нусхаи генетикї бошад. Аз ў ин натиљаро набояд интизор буд. Майнаи инсон ќобилияти беохири ифодагарии рангоранги табиат ва љамъиятро дорад. Дар вобастагї бо шакл, мундариља ва тарзи таљассумёбии воќеияти атроф ва муњит маводи биологї "гирифтори" муњити иљтимої мегардад. Њамзамон, эњтимолияти он вуљуд дорад, ки фарзанд, аз њама пеш бо падару модар омўхт мешавад, унс мегирад, одат мекунад. На њама рафтори волидайн, махсусан намунаи рафторе, ки лоиќи пайравї њаст, барои ў чун омили муассир боќї мемонад. Мањз барои њамин, намунаи мушоњида, рафтори алоќањои берунаи шахсї - дўстон, рафиќон, устодон, ќањрамонони асарњои бадеї, маълумоти васоити ахбори умум дар майнаи љавон вокунишро дар шакли эњсос, дарк ва тасаввурот њамчун чизи нав, љолиб инъикос мекунад. Алоќањо, дўстон, рафиќон, љањонбинї ва хислати онон дар

Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсї мо бо онњо бузург шудем, ба воя расидем, 3) имконоте, ки ба мо шароит фароњам меоварад, то мо ба раванди хушбахтии мардум амале иљро намоем" (Њамон љо, сањ. 504). Генетика ва тарбия Дарк кардан амали беохири ворид гаштан ба моњияти масъала аст. Фањми ќонуниятњои ташаккули инсон, махсусан, аз лињози аќлонї, маънавї, аз мафњуми "одам" то муайян кардани "сифати шахсият" љараёни беохири "таљассум ёфтани материя дар худи инсон" мебошад. Дар ин љараён њис, дарк ва пайдо гаштани тасаввурот мавќеи калидиро ишѓол мекунанд. Ба ѓайр аз он ки инсон дар ваќт, фазо ва муњити муайян ташаккул ёфта ба камол мерасад, њамчунон мо муќобили "тасаввуроти содалавњона нисбати он њастем, ки дар инсон фактори биологии муайянкунанда умуман вуљуд надорад. Инсон зуњуроти љамъиятї аст, аммо њамчун ќисми табиат мављуди биологї мебошад" (П.Н. Федосеев. Проблема социального и биологического в философии. -М.: 1977. -С. 19). Дар батн, зери таъсири вазъ, њолат ва ваќти хоса, људогона пайдо шудааст, шакл гирифтааст. Яъне њарф сари матои инсонї меравад, ки дар кадом муњит, шароит, аз чї гуна мавод "бофта" шудааст. Оё ин матоъ, на танњо тавони муќобилият, истодагарї, балки инкишоф карданро њам дорад, ё не. Мањз аз њамин лињоз, омўхтани фактори ирсият аз љузъиёти муњимми ташхиси инсон мебошад. Дар њар сурат, онро сарфи назар кардан њаргиз мумкин нест, чунки "тарбият яксон асту табиат мухталиф" (Саъдї). Оид ба омили генетикї дар шинохт ва тарбияи шахс андешањои љолиби диќќат вуљуд доранд. Барои мисол, агар шахс аз лињози зоњирї монанд ба падару модари худ бошад, пас барои чї ин гуна шакл гирифтани љузъиёти ботини инсон мавриди назар аст, маводи олитарини табиат - органи материалии фикрронии одам - майна, хуљайра ва нейронњои он њам монандї надошта бошад? Маълум аст, ки вазъи материалї-физиологии майна барои таќдири ояндаи инсон мавќеи њалкунанда дорад. Њарф сари имконоти (тавони) материяи шакли олї меравад. Оё он омода аст, ќудрати ќабул, коркард (андеша, мулоњиза), фањми муњиммияти масъаларо дошта бошад? Мо бояд муътаќид бошем, ки одам наметавонад ба пуррагї хислати бад дошта бошад. Ва ё баръакс. "Майнаи инсон ќудрати бузурги моил будан ба инъикоси тамоми шаклњои маълумотро дорад. Ин њолат барномаи фољиавии генетикиро сарфи назар мекунад" (Д.К. Беляев. Современная наука и проблемы исследования человека. - Вопросы философии. 1981. Т.3. -С. 15). Яъне дар тамоми њолат имкони таъсири мусбї расонидан ба фарзанди одам ва аз ў натиљаи дилхоњи иљтимоиро интизор шудан мумкин аст. Аммо "њамаи ин мансуб ба шахсе аст, ки барномаи генетикии он нуќсон надорад. Ба меъёр мувофиќат мекунад. Дар њолати вайрон гаштани барномаи генетикї, ниёзњои иљтимої бо имконоти биологї дар зиддияти нињоят љиддї ќарор мегиранд" (Н.П.Дубинин, И.И. Карпец, В.Н. Кудрявцев. Генетика. Поведение. Ответственность. М.: 1989. -С. 20). Комилан мувофиќат накардани эњсос, дарки рўйдод ва њодисањо, шаклгирии тасаввурот, њамчунон фањми муњити атроф, инъикоси раванди зуњурот, агар он баробарвазн ба воќеият набошад, комилан мувофиќат накардани хислат, характери фарзанд ба падару модар, агар аъмоли онњо ба некномї эътироф гардида бошад, нишонаи нињоят љиддии хароб гаштани барномаи генетикї миёни падару модар ва фарзанд аст. Далел он аст, ки фарзанд наметавонад зери ќаноти падару модар парвариш ёфта, њар лањза, њар сония рафтори ононро бубинад, суханонашонро шунавад, зиндагиашонро назорат кунад, аммо чизе аз волидайн наомўхта бошад. Баръакс, таъсири муњит, ашхоси беруна бар ў ѓолибият пайдо мекунад. Сухани Фирдавсї: Писар, к-ў надорад нишон аз падар, Ту бегона хонаш, махонаш писар,танњо маънои монандии зоњирии писарро дар назар надорад. Ба ду маънї ифода шудааст. Њам аз љињати шаклї (зуњуротї) ва њам аз љињати ботинї (сиратї ва моњиятї). Дар ин байт оњанги эътироз низ вуљуд дорад, нисбат ба фарзанде, ки интизории падар ва атрофиёнро дар хислат рафтор, кирдор, махсусан нисбат ба мењнати њалол ба љо намеорад, ба ў монандї, пайравї намекунад. Рафтораш боиси таассуф аст. Ин њолат шоир ва мутафаккири бузургро ба он водор кардааст, ки вобаста ба мансубияти њаќиќии фарзанд ба падар, хулосаашро дар шакли шубња баён созад. Боиси нигаронист, ки чунин натиља - дар барномаи генетикї рух додани тазоди материалии манфї ислоњнопазир аст. Гоњо шаклњои гуногуни номуваффаќии иљтимої ба бор меорад. Дар баъзе њолат оќибати фољиабори иљтимої дорад. Боиси таассуф аст, ки дар ин њолат бешуурї њамчун навъи шуур вориди иљрои вазифањои функсионалии органи ќабули маълумот, коркард ва тасмимгирї (майнаи инсон) мешавад. Аз ин мисолњо дар таърихи инсоният ва рўзгори

шаклгирии наврасон ва љавонон гоњо наќши њалкунандаро мебозад. Саъдї дар ин маврид ишорањои хирадмандона ва асосноки илмї овардааст, ки дар тасвири бадеї нињоят дилчасп, гуворо ва хушоянданд: Љомаи Каъбаро, ки мебўсанд, Ў на аз кирми пилла номї шуд, Бо азизе нишаст рўзе чанд, Лољарам, њамчу ў гиромї шуд. (С. Шерозї. Гулистон. -Д.: 2008. -С. 167) На аз ин камтар ќимати бузурги андешамандї дорад, шеъри дигари Саъдї, ки матлааш ин аст: Гили хушбўй дар њаммом рўзе, Расид аз дасти мањбубе ба дастам... Эътиќоди њатмї он аст, ки хонанда давоми ин шеърро ба пуррагї медонад. Ва овардани матни комили он, шояд, чандон зарурат надошта бошад. Падару модар, муассисаи ба санљиш ва истифодаи захирањои инсонї ниёздошта, зарурат барои донистани алоќањои фарзанд ва дуюмї - шахси муайяни мавриди назарро доранд. Дар ин њолат, алоќањои муайянкунанда ва муайяншаванда, якљониба, дуљониба ва бисёрљонибаро фарќ бояд кард. Ва омўхт. Аммо дар љамъият, бисёр ваќт сифат ва структураи алоќањо таѓйир меёбанд. Ононе, ки вориди алоќа дар њолати бетарафї, аммо маќсаднок мегарданд, дар оянда метавонанд вобаста ба имконоти аќлонї, аќидатї ва материалї, худ бо маќсади ѓаразнок структураи наќшњоро таѓйир дињанд. Худашон муайянкунанда гарданд ва аввалї муайяншаванда бошад. Рўшод ва ё пасипардагї истифодагар ва корфармой шаванд. Ин љузъиёт барои шаклгирии одам њамчун шахсият ва дурнамои маънавиёти он хатари љиддї дорад. Албатта, шахсони зирак, айёр, ѓаразкор алоќањои муассирро ба њар роњ мељўянд. Маќсаднок бо онњо "дўстї" "рафоќат", "садоќат"-и шахсї ва "ањди хоњариву бародарї" ба намоиш мегузоранд. Ба боварї сазовор мегарданд. Маккорона, пинњонї маќсад ва нияти худро амалї месозанд. Аммо суиистифода кардани чунин алоќањо ба шахсе муяссар мешавад, ки њадафи интихобкардааш ниёзи љиддї ба илм, маърифат ва аќлу фаросат дошта бошад. Чунин норасоињо бар ў аён гардад. Мањз њамин њолатро Антисфен Афинский (солњои 444\435 - 370\360 то замони мо, аз шогирдони нињоят эътирофгардидаи Суќрот) бо чунин тарз шарњ медињад: "Инсонеро, ки боаќл, соњибилм, соњибмаърифат аст, "аз љои худаш гирифта ба љои дигар гузоштан" (яъне фиреб кардан, гумроњ намудан, аз роњ баровардан, ѓаразнок истифода бурдан) нињоят мушкил аст. Зеро аќл, дониш, хирад худаш вазн дорад. Нафаре, ки аќл надорад, сабук аст. Дар ў чизе, ки номбар шуд, яъне вазн дар шакли аќл, нест. Ўро осон аст аз љо љунбонидан ва истифода бурдан. Аќл бошад, худаш ќувва аст, ќудрат аст. Вазни он имкони ба њар роњ бурдани шахси соњибаќлро намедињад. Ў мустаќил аст. Муњтољ ба орияти (ќарз гирифтани) аќли бегона нест. Устувор аст. (Большая книга мудрости. М.: 2015. -С. 55). Ба њамин хотир, алоќањои инсон дар шакли дўст, рафиќ, њамнишин бояд шаффоф, ба тарзи одї омўхта шаванд. Надонистани алоќањо, муносибатњо гумроњї аст. Аз рўи хислати дўст, рафиќ њатман сифати шахсияти инсон, фарзанд, њар касе, ки бошад, ошкор мешавад. Яъне "рафиќи ман - худи ман њастам. Аммо дар симои дигар". Шакли таљассум ёфтани воќеият дар майнаи инсон ва љараёни аз рўи он интихоб кардани навъи рафтор, барои пайдо кардани тасаввуроти эътимоднок нисбати сифати шахс нињоят мушкил аст. Тањлили таљриба, мутаассифона, баёнгари он аст, ки рафтори номатлуб ва пайравї ба он дар таљрибаи љомеа воќеияти бештар дорад. Баръакс, омўзонидани сифатњои неки инсонї њама ваќт зањмату љигархуниро талаб мекунад. Ваќте ки ба омўзиши алоќањо ва муносибатњо ниёз пайдо мешавад, зарурати муайян кардани умумият дар шахсияти инсонњо, сифат, характер ва нуќтаи манфиатњо, тамоюлњо низ зарурат ба даќиќ карданро доранд. Инро ташхиси сабабии зуњур кардани алоќаву муносибатњо номидан мумкин аст. Мансубияти генетикї њамчун навъи алоќа ва муносибатњо омили љиддии шинохти маводи инсонї аст. Аммо он њаргиз њалли пурраи масъалаи шинохти субъект буда наметавонад. Ин њолат вазифањои тарбияро, ки яке аз маќсадњои муњимтарини он сохтани љомеаи мутамаддин ва солењро дар назар дорад, мушкил мегардонад. Аммо барои И. Кант њама гуна тафовутњо (ѓайр аз ирсияти мувољењ ба мушкилоти равонї), ки дар майнаи инсони солењ њаст, барои тарбия мушкил надорад. Ў ќотеона таъкид мекунад: "Тарбия санъат аст... њар як насл метавонад зина ба зина њамон намуди тарбияро ба роњ монад, ки

тавассути кушодани имконоти табиии он, мутаносибан ва маќсаднок инсониятро ба таъйиноти худи инсон расонад" (И. Кант. Трактаты и письма. М.: 1980. -С. 449). Хулоса Иммануил Кант, асосгузори идеализми классикии немис, аз бузургтарин шахсиятњое аст, ки фалсафаи Ѓарбро бо афкори фавќулода нодири худ ѓанї гардонидааст. Умри тўлонии хешро сарфи мусолињати материализм ва идеализм кардааст. Мо маќсаднок аз тањлили афкори И. Кант оид ба тадриси дин дар айёми наврасии бачагон сарфи назар кардем. Фаќат як нуќтаро ёдовар шуданї њастем, бо вуљуди он ки номбурда шахсияти таќводор буд, асарашро мањз ба тарбияи инсон бахшидааст ва тавсия медињад, ки дар айёми наврасї аз омўзиши рукнњои мазњабї худдорї кунанд, бењтар аст. Ба аќидаи ў, ваќте ки кўдак аз илми дунявї хуб бањравар нест ва бо ќонуниятњои табиат, љамъият ва тафаккур ошної надорад, чун аз нигоњи мазњабї фањмид, ки дар дунё ќуввае њаст, ки ба љои инсон фикр мекунад, ѓами ўро мехўрад, таќдири ўро муайян месозад, шояд дигар дилаш аз илм хунук шавад, мустаќилиятро гум кунад. Олими немис чунин кори муњимро баъди расидан ба синни балоѓати насли одам тавсия мекунад. Мутафаккири бузург мантиќи тарбияро дар шахсе мувофиќи маќсад мебинад, ки ў барои љомеа манфиатовар бошад, ќувваю ќудраташ барои омўзиши илм, донише, сарф гардад, ки зиндагии рўзмарраи инсонро осон гардонад. И. Кант ќимати тарбияро аз таълим болотар медонад. Барњаќ, таълимро мутеъ ва љузъи тарбия мешуморад. Ба аќидаи ў, интизом, тартиб, масъулият аз бузургтарин љузъиёт дар системаи ягонаи раванди сохтани инсон аст. Олими бузург нисбати шахсияте, ки тарбия ва таълим ба ў бовар карда шудааст, талаботи нињоят љиддї пешнињод мекунад. Муътаќид аст, тарбияи фарзандро набояд ба ашхоси носанљида, ки худ ниёз ба тарбия доранд, бовар кард. Таъсири аќидаи ифротї, бегона, ѓайриилмї фарзандро аз он маърифате, ки падару модар доштааст, људо мекунад. Ўро бегона мегардонад. И. Кант ба шахсони сарватманд њушдор медињад, ки мањз онњо ба тарбияи фарзанд бештар таваљљуњ намоянд. Агар љигарбанди онон дар овони кўдакї, наврасї ва љавонї истилоњоти "не", "нест", "чунин имкониятро оилаи мо надорад", "барои чунин шароит мо бояд боз андак зањмат бикашем" ва монанди инњоро нашунида бошад, мањдудиятро дар хоњишњо, ќонеъ кардани талабот, рафтор, тарз ва сабки гуфтор, эњтироми љиддї ба калонсолон, тоќати шунидан ва эътироф кардани далели муќобилро аз хурду бузург надошта бошад, дар оянда, њангоми бо воќеияти зиндагї рў ба рў гаштан ба мушкилоти љиддї дучор хоњад шуд. Ба фикри ин љониб, бояд кашфиёти И. Кант њисобид андешаеро, ки дар њоли зањмати маљбурї (режими одии корї), марди љавон имкони озодиро тавассути мењнат, зањмат, фаъолияти пурсамари эљодкорона ёбад. Зиндагиашро ободтар кунад. Озодиеро, ки ў орзу мекунад, њамин тариќ, бо бењтар кардани рўзу рўзгораш ёбад. Озодиро И. Кант, ки чил соли њаёти худро дар рўзгори пурмашаќќати устоди донишгоњ гузаронидааст, дар риояи ќонун, мењнату зањмате, ки ба манфиати љомеа равон карда шудааст, мебинад. На дар чизи дигар. Њамзамон И. Кант муваффаќияти амали инсонро дар доштани характер медонад. Файласуфи бузург гаштаву баргашта таъкид месозад, ки њар фард барои шахсияти комил шудан, бояд "таъйинот"-и худро фањмад. Тасаввуроти даќиќ дошта бошад, ки дар оянда кї мешавад. Эътиќоди муаллифи ин сатрњо иборат аз он аст, ки талаботи И. Кант нисбати муњтаво, роњ, усул ва методњои аз одам сохтани шахсият, талабот нисбати матои инсон, ки бешубња субъекти муњимми сиёсї хоњад шуд, таќозои замон аст. Дар хулосаи асараш файласуфи машњур бо дарки масъулияти бузург талаб мекунад: "Дар охир таваљљуњи њар як љавонмардро ба зарурати додани њисоботи њаррўза дар назди худ водор бояд сохт, ки ў дар охир имкони дурусти љамъбасти зиндагиашро дошта бошад" (Њамон љо, сањ. 504). Охирсухан Кулли мављудоти олам, ки дар фазо ва ваќт, ба њар навъе ки бошад, бо якдигар дар алоќаи диалектикї њастанд. Аз рўи принсипи системавї ва функсионалї амал мекунанд. Оне ки мо шоњиди њаррўзаи "хушбахтї" ва "бадбахтї"-и миллатњо њастем, шодем, аммо мехўрем ѓамњои халќи дигаре ва макону маскани торољгаштаи онон пеши назари мост (М. Турсунзода), падидаи фавќулода ва фавќуттабиї нест. Сабабњои одї, сирф заминї дорад. Мањсули майна, маќсадгузорї ва натиљаи амали инсон аст. Маърифатнокї, нангу номуси њар фард дар алоњидагї меъмори зиндагии шахсии ў ва миллат дар маљмўи шањрвандон муайянкунандаи таќдири хеш мебошанд. Мањз ба њамин хотир, Абуалї Ибни Сино фармудааст: "Моњияти њастиро дар худи њастї бояд љуст". Сифати шахсият ва дар умум миллат, њангоми бурду бохти давлатњо њамчун омил ва сабаб, њазорсолањо мадди назари тањлилгарони сиёсї ва олимон ќарор доранд. "Ваќте ки мо омилњои моддї, материалиро пурра сарфи назар мекунем ва фаќат омили инсониро њамчун муайянкунандаи иќтидор ва тавони миллї ба њисоб мегирем, албатта, шумора ва сифати миллатро дар назар дорем. Дар ин њолат характери миллї, ахлоќ ва маънавиёти миллї њамчун сифати миллат мањсуб мегардад" (H. G. Morghentay. Politics among natioms. N.York.: 1964. -Р. 121). Њамзамон, олими маъруфи олмонитабори амрикої ќудрати миллатро (давлатро) на дар шумораи зиёд, балки дар сифати он (аќл, хирад, тахассусмандї, масъулиятнокї, омодагї дар њифзи манфиатњои миллї) мебинад: "эътироф кардани он нуќта, ки миќдори ањолї омил ва нишонаи пурќувватии давлат мебошад, фикри хато аст" (Њамон љо, сањ. 121). Зуњури як нафар фарзанди одии миллат, ки аз наврасї то камолот дар кураи оташи зиндагї обутоб ёфта, аз имтињоноти тоќатфарсои "рўзгори пурозори сангдил" мегузарад, "боѓбонии боѓи хазонро" ба уњда гирифта, онро сарсабзу хуррам мегардонад, мардумашро аз "рањзани нахуфтаи дањр эмин мебарад", бо "илму фазле, ки дар чињил сол дароварда буд" (Њофиз) ўро наљот мебахшад, намунаи ибрат аст: барои наврасон, љавонон, њар нафаре, ки хуни нофи ў ба ин сарзамин саљда кардааст. Мушкилнописандї, сабру тоќат, тањаммулпазирї, љавонмардї, аќлу хирад, соњибназариро аз Ў бояд омўхт. Давра ба давра, насл ба насл ин маънавиётро, њамчун мароми пойдории миллат, ба ояндагон бояд расонд. Ин зиндагї ва таљриба одї нест. Маљмўи хирад ва ифодагари аќлу заковати миллат дар тўли садсолањост, ки дар сухан ва амали як Шахсияти бузурги он таљассум ёфт. Аз ин падида ифтихор бояд дошт. Ба Ў пайравї кард. Аз Ў намуна гирифт. С. Ятимов, доктори илмњои сиёсї, узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон (Маљаллаи «Илм ва љомеа», №2 (10) 2018)


3

ХАТЛОН

сешанбе, 26 июни соли 2018, №25 (3162)

27 июн-Рўзи вањдати миллї

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ Сулњ, вањдат, якдигарфањмї, њамдилї барои мардуми кишвар азизу муќаддас аст. Дар ибтидои солњои 90-уми асри ХХ мардуми мо аз чандин санљишњо гузаштанд. Ёди он солњо имрўз њам касро мушаввашхотир месозад. Зеро дар он солњои пурошўб бо гуноњи гурўње аз мансабталошону њокимиятхоњон дар сарзамини осоиштаи Тољикистон љанги шањрвандї ба амал омад. Бадхоњон мардумро ба ду гурўњ таќсим намуда, гўё барои адолат, њаќиќат мубориза мебурда бошанд. Имрўз њам насли калонсол он рўзњои дањшатборро наѓз дар хотир доранд. Дар пеши чашми њамагон дењањои сабзу хуррам, водињои обод, дашту даманњои зебо ба харобазор табдил ёфт. Собиќ вилояти Ќўрѓонтеппа, ки диёри бињиштосоро мемонд, аз дасти нопоки манфиатљўёну мансабталабон валангору сокинонаш парешон гаштанд, ќалби бинандаро ба дард меовард. Ана, дар њамин лањзањо мардуми њайратзада якдигарро суолборон мекарданд: -Ин чї дањшат, ин чї њоли зорест, оё соњиб, њокимият дорем ё не? -Бори аввал чунин дањшат, хорию зориро дида истодаем. Кї пеши роњи ин хунрезї ва вайронкорињоро мегирифта бошад? -Агар давлат, њокимият, маќомоти ќудратї фаъолият мекарданд, мо ба ин рўзњои сахт намерасидем. «Поёни шаби сиёњ сафед аст»-гуфтаанд. Ана дар њамин лањзањо муждаи нек кишвари харобгаштаро фаро гирифт. 16 ноябри соли 1992 дар шањри бостонии Хуљанд иљлосияи 16 –уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон баргузор шуд. Ин хабари хуш рўњафтодагонро рўњбаланд намуд. Охирин умеди онњо натиљаи њамин иљлосия буд. Њар як фарди кишвар медонист, ки таќдири

давлату миллат дар дасти вакилони мардумї мебошад. Онњо аз вакилони худ танњо сулњу салоњро мехостанд. Вожаи сулњ вирди забони њамагон буд. Љанг ќариб тамоми минтаќањои кишварро фаро гирифта, соњањои саноат, кишоварзї ва ѓайрањо фаъолият намекарданд, одамон низ бе љойи кор монда, ба мушкилоти зиёде зиндагии хешро таъмин менамуданд. Аз њамин сабаб, ба унвони иљлосия мактубу барќияњо фиристода хоњиш доштанд, ки барои хотима бахшидан ба амалиёти њарбї чорањои мушаххас андешанд. Хушбахтона, њамин тавр њам шуд. Силсилаи ќонун ва ќарорњое, ки љињати ба мањалњои зисти доимии худ баргардондани гурезањо, фароњам овардани шароити мусоид ва бехатар барои зиндагии онњо андешида шуданд, натиљањои хуб доданд. Беш аз як миллион нафар фирориён бо кумаки давлат ва маќомоти мањаллї ба љойњои муќимии худ баргашта, аз пайи кору

зиндагї шуданд. Бо кумаки созмонњои байналмилалї дар њудуди собиќ вилояти Ќўрѓонтеппа беш аз 24 њазор хонањои харобгашта барќарор гардида, аз нав ба соњибони аслиашон баргардонида шуд. Аз Љумњурии Исломии Афѓонистон беш аз 49 њазор нафар гурезањо ба ватан баргаштанд. Мардуми фирорї ба суханони Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бовар намуда, бо дили гарм аз пайи корњои созандагиву ободонї шуданд. Мањаллањои аз љанг харобгашта бо дастгирии Њукумати кишвар аз нав барќарор ва барои мењнату истироњати шањрвандон шароити зарурї фароњам оварда шуд. Прокуратура ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ барои таъмини бехатарии гурезањои бозгашта тамоми тадбирњои ќонуниро андешида, дар ин љода муваффаќ њам шуданд. Мардуми Љумњурии Тољикистон рўзи фархундаву таќдирсоз- 27 июни соли 1997-ро фаромўш намекунанд. Дар ин санаи муборак ва сулњовар дар шањри Москваи Федератсияи Русия аз љониби роњбарони Њукумати Љумњурии Тољикистон ва мухолифини тољик Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба имзо расида, бо њамин сулњ дар кишвари тозабунёди мо барќарор гардид. Њар сол мардуми Тољикистон Рўзи вањдати миллиро ботанта-

на ќайд карда, аз бахти баланди худ меболанд. Ёдовар мешавем, ки сулњи деринтизор ва нодири тољикон мањз ба туфайли ташаббусу кўшишњои зиёди Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба даст омадааст. Њар гоњ ки калимањои вањдат ва сулњро ба забон мегирем, мењнати пурсамар, ранљу зањматњои боровари Сарвари давлат пеши назар љилвагар мешавад. Мардуми олам имрўз аз таљрибаи сулњофарии мо дар кишварњои худ истифода мебаранд. Мо-тољикон аз ќадимулайём озодихоњу сулњпарварем ва имрўз мардуми кишвар аз дилу љон сулњу осоишро љонибдорї карда, кўшиш менамоянд, ки онро чун гавњараки чашм эњтиёт кунанд. Баъзе нотавонбинон аз хориљи кишвар ба пастзанию маломат, сиёњкунии сањифањои таърихи дурахшони миллати мо даст задаанд. Намакзадањо! Ин ашхоси ношукр чунин унвон додан бењтар аст. Мо-мардуми саодатманди кишвар ба ќадри озодї, сулњу вањдат, рўзњои неки осоишта мерасем ва намегузорем, ки њаёти шоистаи моро касе халалдор кунад. Як маротиба лањзањои сахти њаётро дар солњои ноороми аз сар гузаронидем ва аз Худо илтиљо дорем, дигар чунин рўзњои мудњишро ба сари мо наорад. Барои њаёти хушбахтона, хушу хурраму, зебо мубориза бурда, бењтару хубтар зиндагї менамоем. Мо ба имрўзу фардои дурахшони Тољикистон боварї дошта, бо кори шоиста, мењнати арзанда њаёти кишварамонро боз њам бењтару хубтар менамоем. Тољикистон ватани мост ва мо аз он ифтихор дорем. Иброњим НУСРАТЗОДА, прокурори шањри Бохтар

Нуктаи назар

САРЧАШМАИ БАХТУ САОДАТИ ТОЉИКОН Дар айёми омодагї ба таљлили љашни Рўзи Вањдати миллї ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардњо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва њатмї аст. Имрўзњо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли љавони ояндасози мо, аз он ифтихор намоянд, сабаќ гиранд, ба мероси бузурги маънавї ва фарњангии ниёгонамон арљгузорї карда, ин неъмати олї - иттињоду ягонагї, њамзистиву осоиштагии миллиро чун гавњараки чашм эњтиёт намоянд. Арафамо Даминова, саромўзгор, мудири шуъбаи магистратураи ДДК ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, Ќ. Даминова, ассистенти кафедраи илмњои компютерї: - Тољикистон дар ибтидои асри ХХ1 њамчун кишвари соњибихтиёр ва узви комилњуќуќи љомеаи љањонї сиёсати дохилї ва хориљии худро бо дарназардошти манфиатњои олии давлат ва миллати тољик такмил дода, ба сўи њадафњои дурнамои сиёсиву иќтисодї ва иљтимої давра ба давра рушд меёбад. Бояд тазаккур дод, ки дар ин љањони пур аз тазоду раќобатњои шадид мо бояд, пеш аз њама њифзи дастовардњои истиќлолият ва давлатдории миллиамонро тањким бахшида, њамеша ба хотири сулњу суботи кишвар ва оромии љомеа саъю талош намоем. Љумњурии Тољикистон дар солњои Истиќлолият бидуни

душворињо ва ноњамворињои роњи тараќќиёт дар соњањои мухталифи њаёти љамъиятї ба дастовардњои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли њаёти љавонони кишвар хеле равшан мушоњида менамоем. Албатта, бењуда нест, ки ин ќишри љомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигањдорандаи арзишњои давлатии миллї эътироф намудаанд. Њоло Тољикистон ба муваффаќиятњои назарраси сиёсї, иќтисодї, иљтимої, илмї ва фархангї ноил шуда, дар љањони муосир љойгоњи худро пайдо кардааст. Пояњои Истиќлолияти давлатии мо сол ба сол ќавитар мегарданд. Оид ба моњият ва ањамияти Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллии Тољикистон Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон гуфтааст: «Со-

зишномаи умумї аз лињози ањамияти фавќулодаи худ бо Эъломияи Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тољикистон ба таври расмї истиќлол ва соњибихтиёрї ато карда бошад, пас Созишнома сулњу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Фахриддин ЃАФУРОВ, сардори идораи давлатии бењдошти замин ва обёрииноњияи Абдурањмони Љомї: - Бо шарофати саъю кўшиши пайваста ва њаракатњои пайгиронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ѓояи Вањдати миллї ба яке аз самтњои сиёсати доимии давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон табдил ёфт. Он бањри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориљии давлати тозаистиќлоли тољикон, интихоби самтњои дурусти рушди

Ёдномае аз рўзњои фарњанги Бадахшон дар Хатлон

Сабоњи Кўшониён Субњ дар њама љойи Тољикистон якранг аст. Агар дар Ванљ субњ аз кўњсор фуруд ояд, дар ноњияи Кўшониёни вилояти овозадори Хатлон, аз домани теппањои сабзпўши хушназар њамчун пири намозии сафедпўш оњиста-оњиста бо як мароми ба худ хос поён меояд. Заминаш аз насими атрогин машомро муаттар месозад. Боѓу роѓи доманфарох ва заминњои гуландомаш аз ояндаи нек ва зиндагии хушу гуворои мардуми Кўшонзамин башорат медињад. Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон барои рушди тамоми соњањо шароити мусоид фароњам овард. Сокинони ноњияи Кўшониён низ Дар расм: адибони Ванљ, дар байн раиси Љамоати дењоти тавонистаанд, ки дар ин солњо диёри худро ба гулистони њаќиќї табдил дињанд. Манзарањои дил- «Мењнатобод» Раљабалї Њурматов. фиреб, мардуми ширинсухану њозирљавобаш дар замин ва 140 га боѓ дорад. Дар љамоат 36 њазор ањолї суњбат ноаён занги дилро бо сухани зебову шево ва зиндагї дорад. Аз њамаи минтаќањои Тољикистон њазлњои намакин зудуда, бо самимияти хеш аз дўстиву мардум дар ин љо зиндагии осуда доранд. Њама бабародарї паём медињанд. робар зиндагї мекунанд, зањмат мекашанд ва хонаДар рўзи дуюми сафар гурўње аз адибон, журналидони худро обод мекунанд. Замин модари мост, моро стон ва љавононро марди чењракушоду ширинсухане мехўронаду мепўшонад. Мењнат кунем, ба њама чиз истиќбол намуд. Аз чењраи фароху сухани ширинаш мерасем. Инсон дар њар куљое, дар њар вазифае бошад, маълум буд, ки ин мард шахси суњбатороест. бояд мењнаткаш бошад. Роњбаре, ки дасташ обиларо -Ман раиси Љамоати дењоти «Мењнатобод» надида бошад, роњбар шуда наметавонад. Раљабалї Њурматов, шумо мењмонони ман мешаПрезиденти мањбубамонро бинед, њама корро мевед, -бо табассум худро шинос намуд Раљабалї. Дар донад. Нињоли аввали боѓро, хишти нахусти иншоомењмонсарои худ базми шоњонае орост, ки аз он тамотро худаш мегузорад. Сарбанди Роѓуни бузургро сари ми мењмонон лаззат бурданд. чамбараки трактор нишаста, дар тўли яку-ним соат Сарояндаи хушовоз Шарифака, ки дар вилояти баст. Ин бузургиву шањомати роњбар аст, ки на њама Хатлон бо лањни ширину гуворояш шуњрат дорад, бо роњбарони давлатњо ин хислатро доранд. сурудњои дилнишину овози љаззобаш шаби моро муМан худам дар оилаи дењќони мењнаткаш зода шунаввар намуд. Дар суњбат Шариф аз Ванљ ёдовар шуд, даам. Падарам устои оњангар буд. Субњ то шом кор ки њамроњи Назриддини ѓўмастї дар дењаи Ѓўмаст мекард. Бо обилаи кафи дастонаш моро калон карда дар тўе иштирок кардааст. Дар суњбат мо аз шодравон хононд. Доимо насињат мекард, ки ќудрати одам дар Одина Њошим ёдовар шудем, ки ў бо мардуми Ванљ дўстиву бародарист. дилбастагии сахт дошт. Аз њамон рўзе, ки ў ба Ванљ Акаи Раљабалї каме таваќќуф кард ва боз ворид мешуд, њамарўза тўй буд. суњбаташро идома дод. Дар сухани ин марди корди-Шабу рўз дар хизмати мардум буд, на минбар тада таљрибаи бузурги зиндагї падид мешуд. Роњбари лаб дошту на баландгўяку на толори боњашамат. Ба кордону некдилест, ки аз њама чиз огоњ аст. Чї хуш фикрам, мисли ў дигар сарояндае наояд,- гуфтам ман. аст суњбати чунин мардони ширинсухан, ки агар ба -Њамин Шариф ният дораду лекин, рубобаш доим пардањои дили эшон даст барї, аз он љо танњо латонољўр аст,- шўхиомез љавоб дод Раљабалї. фату самимият, одаму одамгарї ва латофати сухан Пас аз созу наво акаи Раљабалї каме аз он солњои падид меояд. шум, ки ба сари тољикон омада буд ёдовар шуд: Њанўз дар гўши дилам сухани шањдрези бародаро- Ана он тарафи роњ як гурўњ буду ин тарафи роњ ни Хатлон дар алфози акаи Раљабалї садо медињад ва гурўњи дигар. Тухми кинаву адоват дар замини дилњо аз диёри Ванљ паёми муњаббат танинандоз мегардад: љой дошт. Касе ба касе рањму шафќат надошт. Худоро Номаи нанвиштаи армони ман, шукр, ки Роњбари хирадманду солорро насиби мо гарПири нуронии ман, Хатлони ман. донд. Љаноби Олї Эмомалї Рањмон кабўтари сулњу Љомаи сабзат њамеша сабз бод, вањдатро дар осмони Тољикистон парафшон намуд. Сарзамини дўстон, Кўшони ман. Мардум мењнат мекунад. Зиндагї сол ба сол бењтар Пайшамбї Шоњзода, мегардад. Чўлистонњо бўстон мегарданд. ноњияи Ванљ, узви Иттињоди Њамин Љамоати дењоти «Мењнатобод» 2147 гектар журналистони Тољикистон

минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориљї ва нињоят, барои имрўзу фардои халќу миллати мо заминањои мустањкам ба вуљуд овард. Имрўзњо на танњо халќу кишвар, балки кулли љомеаи љањонї возењ эњсос менамояд, ки ба халќи тољик ин њама дастовардњои беназир ба осонї муяссар нашудааст. Myњимтар аз њама, тавассути ин тадбирњо давлати Тољикистон ва миллати тољик ба љомеаи љањонї аз нуќтаи назари воќеияти таърихии худаш њамчун давлати сулњпарвар, тараќќихоњ муаррифї гардид, ки мо аз ин ифтихор мекунем. Сафаралї БОБОЕВ, омўзгори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №33- и ноњияи Ёвон: - Аз рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар таърихи сиёсии Тољикистон марњилаи сифатан нав оѓоз гардид. Ба миён омадани сулњу субот ва ќадамњои нахустин дар роњи Вањдати миллї барои тањкими пояњои давлати љавони мо шароит фароњам овард. Бо шарофати сулњу оромї дар њаёти сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангии кишварамон тањаввулоти љиддї ба миён омаданд, яъне сулњ ба мо

имкон дод, ки дар њамаи соњањои зиндагї ќадамњои устувор гузорем. Муњимтар аз њама, раванди худогоњиву худшиносї такон ва густариши тоза пайдо карда, њисси ифтихори миллї, эњсоси ватандўстї ва ватанпарастї ба пояи сиёсати давлатї бардошта шуд. Имрўз њар як фарди бонангу номуси љомеа возењ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулњу субот њукмфармо бошад, њамаи масъалаву мушкилоти иќтисодї ва иљтимої тадриљан њалли худро меёбанд ва танњо дар њамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тољикистон њамчун њадафи нињоии худ ќарор додаем, идома дињем ва барои шањрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муњайё намоем. Хусусан дар шароити њассоси имрўзаи љомеаи љањонї, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иќтисодии љањон ва печида гардидани раванду тамоюлњои глобализатсионї њифзи сулњу суботи љомеа ва тањкими Вањдати миллї аз љумлаи вазифањои муќаддаси њар фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар баромадњояш дар конфронсу анљуманњо ва њамоишњои байналмилалї, ба оламиён, бахусус ба онњое, ки дар минтаќањои љангдида зиндагї мекунанд, пайваста таъкид менамоянд, ки њар чизудтар бо роњи музокирот ба сулњу субот муваффаќ шаванд. Зеро ноамнї њамаи љабњањои зиндагиро

буд, ки халќи Тољикистон зери ливояш ба сулњу суботи комил, бо бањои нанги ватандорї даст ёфт. Ў соњибватани асил буду њаст, њамчун табиб ба захмњои љисми ватану халќи азизаш, ки аз зарби шамшери кину њасад љароњат бардошта буд, малњам монд. Хўрду хобро фаромуш кард. Тањдиду фишор думболагираш буд. Аз чизе, аз касе тарсу њарос надошт. Бањри суботи комил танашро сипар кард.

парчами иќболи мо фалаљ сохта, хатари фаношавии ватану миллатњои дар љангу низоъ ќарордоштаро тањдид менамояд. Рўзњои сангину дањшатбори солњои навадуми асри бист, ки ба сари ватану халќи Тољикистон омада буд, њељ гоњ аз авроќи таъриху хотирањо зудуда намегардад. Халќе, ки номењрубонињои оламро бо чашми сар дидаву аз вартаи фалокат рањидааст, ба пеши дидаи инсонњо суњуфи таърихи хешро боз менамояд, то ин ки макру найранги кинаварзон аз назари одамон дур намонад. Замоне, ки инсон гузаштаашро хуб меомўзаду аз он сабаќ мегирад, барои бењдошти зиндагии ояндааш шароити созгор фароњам оварда метавонад. Мањз њамин омўзишу сабаќ гирифтан, худогоњиву љасорат, сиёсатшиносиву таърихдонии Пешвои миллат

Касе кафолати љисму љонашро ба уњда намегирифт. Вале ў бо дуои пирони рўзгордида, дуои волидайн, нангу номуси ватандорї ба сўи ќуллаи мурод, ба сўи сулњу вањдати комил пеш мерафт. Нияти пок, мењри ватан, умеду ормони ниёгон, хираду љасорат, сабаќи таърих рањнамояш буд, љанги шањрвандиро дар кишвар фурў нишонд, асоси кохи сулњу вањдати миллиро гузошт. Ў ќуллаи муроди ватану халќро бо тарзу усули нав, яъне бо роњи музокира кашф намуд, ки назири ин кашфиёти тоза љомеашиносон, олимони љањони сиёсиро дар њайрат гузошт. Акнун дарњои дабистони сулњофарини Пешвои миллат солњост, ки ба рўи таърихшиносон, коршиносон, таљрибаомўзон ва ниёзмандон боз аст. Раљабалї Давлатзода

Дар ноњияњои Панљ, Љ. Балхї ва шањри Левакант бо маќсади баланд бардоштани маърифати оиладорї, омодасозии љавонон ба њаёти мустаќил, баланд бардоштани донишу малака, касбомўзї ва њидояти љавондухтарон ба њаёти ибратбахш ба воситаи маслињату машварати оилањои намунавї мањфилњои «Оилањои ибратомўз» доир гардиданд.

БАРГУЗОРИИ МАЊФИЛИ «ОИЛАЊОИ ИБРАТОМЎЗ» Дар толори Маркази саломатии ноњияи Панљ бо оилаи Рањимовњо, Шариповњо, Сатторовњо ва зиёда аз 150 нафар иштирокчиён, аз љумла занони фаъол, оилањои љавон, аъзои Шўрои љамоатњои шањраку дењот ва донишљўён баргузор шуд. Ин-

чунин, мањфили мазкур дар шањри Левакант бо оилаи Исмоиловњо, Бурњоновњо ва Исоевњо, ноњияи Вахш бо оилаи Сафаровњо ва Ќосимовњо, Љалолиддини Балхї бо оилаи Мањкамовњо, Зардовњо, Ахмедовњо ва Љумъаевњо гузаронида шуд.

ДАР СУЛЊОФАРИЮ ВАТАНДЎСТЇ НАМУНАИ ИБРАТ БОШЕМ Ба њамагон маълум аст, ки моњи ноябри соли 1994 баъди ба маќоми президентї интихоб шудани Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, Тољикистони соњибистиќлол роњ сўйи бозсозиву сулњу оромї пеш гирифт. Таъмини сулњ яке аз њадафи асосии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалї Рањмон ба њисоб рафта, бо сари баланд ќавл ба мардуми кишвар дода, ќайд карда буд: “Ман ба шумо сулњ меорам”. Ин сухан амалан иљро шуда, дар кишвари азизамон сулњ пойдор гардид. Аз 27 июни соли 1997 то инљониб њамасола дар кишвари азизамон 27 июн Рўзи Вањдати миллиро љашн мегирем. Ин ифтихор аст барои њар як сокини кишвар. Мањз ин сана дар таърихи навини тољикон барои мустањкам кардани сохти конститутсионї, бењтар кардани шароити сиёсиву иљтимоии Љумњурии Тољикистон, нуќта гузоштан ба љанги хонумонсўз ва роњ кушодан ба сулњу салоњ наќши азиме гузошт. Дар ин талошњо ягона абармарде, ки љони худро дареѓ надошта, тарафњои мухолифинро ба сулњу вањдат даъват намуд, ин фарзанди фарзонаи миллати тољик Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон буд. Пешвои миллат тавонист, ки тарафњои мухолифинро сарљамъ ва ба курсии сулњ шинонаду кафолати сулњу оромиро дар сарзамини азизамон

устуворона гузорад. Тољикистон то 27 июни соли 1997 дар даврањои басо мушкилу таќдирсоз ќарор дошт. Љанги шањрвандї барои мардуми кишвар хисороти моливу љонї овард. Оташ андохтан байни бародар, байни падару писар дар давраи љанги шањрвандї як усули нест кардан ва аз байн бурдани миллати тољик буд. Дар љанги шањрвандї хисороти љиддї низ ба иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон расонида шуд, ки боиси сатњи пасти шароити зисти мардум, ба гуруснагї расонидан ва талаву торољ гардидани захирањои кишвар гардид. Ба ин нигоњ накарда, мањз якдиливу якдигарфањмї нагузошт, ки ин хисорот дер давом кунанд ва Љумњурии Тољикистон дар симои Пешвои миллат тавонист, ки ин мушкилоту зуњуроти номатлуби нангинро паси сар намояд ва роњ сўйи сулњу вањдат кушояд. Ин роњ роњи сулњу вањдат, роњи хомўшкунии кинаву адоват, роњи соњибихтиёриву соњибистиќлолї, роњи пур аз мењру садоќат ба Ватан аст. Мо - тољикон дар якљоягї бо Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат дар марњилаи тай кардани ин роњи сулњпарварї буда, барои ояндаи љомеа намунаи ибрат бањри ватандўстиву мењанпарастї ва сулњофарї бошем. Рустам Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон

Дењќон соњиби замин шуд Дар кишвари соњибистиќлоли Тољикистон шањрвандон ба касбу кори дилхоњи худ машѓул буда, тавассути сулњу вањдати миллї зиндагии озодаву рўзгори хуш доранд. Махсусан марди дењќон соњиби замин асту аз он самаранок истифода мебарад ва ризќу рўзї меёбад. Аз ин рў, мардуми шуњратёри кишвар дастоварди миллатвањдатро гиромї дошта, аз хизмати арзанда ва ѓамхорињои Пешвои миллати худ муњтарам Эмомалї Рањмон шукргузор мебошанд. Дар сањро ду трактор ба нармкунии бехи нињолњои пахта машѓул буданд. Файз бо як маром њаракат намудани трактор завќ бурда, дилгарми кор буд. Ў як-як ба ќафо нигариста, ба сифати кораш назора менамуд. Дар ќитъаи дигар гурўњи духтарон машѓули ягонакунии нињолњо буданд. Онњо бо либосњои рангорангашон аз дур ба мисли як даста гули зебо ба назар мерасиданд. Кас аз тамошои ин манзараи назаррабо ва љўш задани кор дар сањро њаловат мебурд. Аммо ин сањнаи зеборо дигаргун гаштани вазъи трактор ва аз њаракат бозмондани он халалдор кард. Файзалї зуд аз кабина берун шуда, ќисмњои муќаррариро аз назар гузаронд. Маълум гашт, ки тасмаи муњаррик канда шудааст. Ў аз сандуќи ќисмњои эњтиётї тасмаи навро гирифта ба таъмир намудани он машѓул шуд. Бозор, ки дар ќитъаи дуюм машѓули кор буд, ба назди бародараш омад. Ба «аспат» чї шуд, ки якбора аз њаракат монд? - бо њазл пурсид Бозор. - Лаљомаш канда шудааст,љавоб дод Файзалї. - Ба хайр будааст, њозир ба љояш мегузорем, - гўён Бозор дасту остин бар зада, ба бародар ёрї расонд. Онњо дар як муддати кўтоњ тасмаро ба љояш гузошта, суръати корро боз дар сањро тезониданд. Њамин тавр, бародарон Бозор ва Файзалї Алихоновњо даст ба дасти якдигар дода, кўшиш мекунанд, ки дар сањро суръати корро паст назананд. Онњо аз њар лањзаи ваќти корї истифода мекунанд. Дар хољагии «Ботуробод1»-и шањри Левакант бародарон бо хислатњои њамкорию мењнатдўстиашон ном бароварда, сазовори обрўю эњтироми баланд дар байни мардум гаштаанд. Бародарон солњои тўлонист, ки дар ин хољагї ба касби механизаторї машѓуланд. Роњбарони хољагї ва сардорони бригадањои пахтакорї аз сифати баланди кори бародарон розианд. Самари чунин мењнати њалоли механизаторон аст, ки хољагї њар сол наќшаю сапоришњои дар наздашон гузош-

ташударо пурраю барзиёд иљро мекунанд. Махсусан сардори бригадањои пахтакории Музаффар Раљабов Мањмадулло Икромов ва Саидбек Ќурбонов њосилнокиро то ба 30-35- сентнерї расонидаанд. Онњо нисбати кори хуби механизаторон њамеша суханони нек мегўянд. Бародарон Бозор ва Файзалї касби пешакардаашонро дўст медоранд. Онњо ин касбро аз падар-механизатори пешќадами њамин хољагї Раљаб Алихонов омўхтаанд. Њар гоње, ки падар ба таъмири трактор машѓул мегашт, Бозор ва Файзалї ба кори ў ёрї расонида, дар паси чамбараки трактор менишастанд. Падар аз мењнати босамари онњо завќ мебурд. Аз ин завќи падар фарзандонаш низ хурсанд мегаштанд. Њамин завќу шавќи падар ба ќалби фарзандон љо шуд ва онњо роњи пешакардаи падарро дар зиндагї интихоб карданд. «Мероси падар хоњї касби падар омўз»- гуфтаанд. Бародарон баъди хатми мактаби миёна њуљљатњояшонро ба коллељи техникї-касбии раќами 19-и ноњияи Љалолиддини Балхї супориданд. Онњо тамоми нозукињои касби механизаториро дар он љо омўхта, ба фаъолияти мустаќилона оѓоз намуданд. Бале бародарон дар интихоби касб хато накарданд. Имрўз дар хољагї њама онњоро њамчун механизаторони пешќадам мешиносанд. Онњо аз шудгор то нарм намудани бехи нињолњо ва корњои ба техника вабастабударо иљро менамоянд. -Ман њамон ваќт аз кори ба анљом расонидаам ќаноатманд мешавам агар онро бо сифати баланд ба сомон расонида бошам,- мегўяд Файзалї Алихонов. Дењќонони хољагии «Ботуробод-1»-и Љамоати дењоти «Гулистон»-и шањри Левакант маќсад доранд, ки соли љорї њосилнокии пахтаро аз њар як гектар ба 35-40-сентнерї расонанд. Дар иљрои ин амалу наќшањои нек сањми бародарони механизатор дида мешавад. Намоз Солиев

МУЖДА: ТАВАЛЛУДИ ЧАЊОРГОНИК Њумоюн, Њумайра, Њуррия ва Њуснизар номи чањоргоникест, ки дар як оилаи љавони донишљў ба дунё омаданд. Ин чањоргоникро Зарина Неъматова, сокини 22-солаи шањри Бохтар, ду њафта пеш таваллуд кард. Тавре ки табибон мегўянд, њар кадоме аз тифлон аз якуним то ду кило вазн дошта, вазъи саломаташон хуб арзёбї мешавад. Зарина ва шавњараш Фаррух Субњонќулов донишљўи Донишгоњи тиббии Тољикистон мебошанд. Њар дуи онњо сокинони шањри Бохтар

буда, соли 2017 издивољ кардаанд. Фаррух дар пойтахт бо њамсараш иљоранишин аст ва њамзамон дар Бемористони ёрии таъљилии шањри Душанбе дар бахши интернатура таљрибаомўзї мекунад. Таваллуди чањоргоник дар њолест, ки рўзи 26 май расман эълон шуд, ки шумораи ањолии кишвар ба 9 миллион нафар расидааст. Бар асоси омори расмї, шумораи ањолии Тољикистон њар сол ба њисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 њазор нафар афзоиш меёбад. Н. МУСТАФО


4

ХАТЛОН

сешанбе, 26 июни соли 2018, №25 (3162)

Мањкум мекунем! «Решањои ноаён» барномаи бозгўкунандаи таърихи гузаштаи миллати мо буд, ки чї ќадар азобу шиканља паси сар кард. Барномае буд, ки шахсиятњои хиёнаткорро дар пайравии њизби террористии нањзати исломии Тољикистон муаррифї менамуд ва ин барнома такондињандаи эњсоси худшиносии миллии њар як шањрванд хоњад буд. Дар баробари оне ки коршиносони соња раванди нобудшавии миллату давлатро дар солњои љанги шањрвандї баён медоштанд, ин гуфтањоро хиёнаткори ватан Саид Ќиёмиддини Ѓозї тасдиќ менамуд. Зимни суханронињояш ў иброз медошт, ки шоњиди он аст, ки њазорон шањрванди кишвар ба њалокат расида, ќисмати дигар сарсону овора дар хориљи кишвар азияти рўњиву љисмонї мекашиданд. Бале, баъди фавти садњо родмардони миллат, ки бо њисси баланди ватандорї мехостанд Тољикистонро ободу осуда гардонанд, Саид Ќиёмиддини Ѓозї ба худ омадааст. Баъди ѓурамарг гардидани љавонон, ки бахтро интизор буданд ва садњо тифлаконе, ки аз дунёи рангини афсонавиашон мањрум шуда, ба њалокат расиданд, садњо модарони дигар аз фироќи љигарбандонашон натавонистанд барои миллати хеш дасти дуо бардоранд, баъдан Ќиёмиддини Ѓозї пушаймон шудааст. Дар шахсияти ин хиёнаткори ватан бори дигар огоњ шудем, ки њизби террористии нањзати ислом њанўз аз солњои 90-уми асри 20 бо хољагони хориљї њамгуфт шудаву наќшаи аз байн бурдани миллатро матрањ сохтаанд. Аммо Худованди бузургу ѓамхор наќшањои худро дорад, ки Пешвои муаззамамон муњтарам Эмомалї Рањмонро ба сифати роњбалади бунёдкори миллат, Сарвари оќилу доно бароямон њадя сохтаву миллатро аз вартаи ноумедї ба дунёи рангину зебо ворид сохт. Шукргузорем, ки имрўз ватан тинљу ором аст. То дер боз баъзе аз шањрвандон андеша мекарданд, ки чаро чунин як миллати соњибфарњангу равшанзамир бо њамдигар бархўрд кардаву ба чї ќадар душворињо рў ба рў гардиданд. Аз барномаи мазкур

баръало эњсос шуд, ки чаро ин рўзњои шум насиби мо гардидааст? Ашхоси ба монанди Ќиёмиддини Ѓозї ва њаммаслакони ин хиёнатгар мардуми кишварро дар партави наќшањои ѓаразнокашон саргардону овора сохтанд. Имрўз аз аъмолашон Ќиёмиддини Ѓозї изњори пушаймонї намуда, наќшањои шуми хешро, ки хушбахтона то ба охир амалї нашудаанд, ёдоварї намуд. Тибќи њадисњои набавї бояд забону ќалби инсон як бошад, аммо дар симои Ќиёмиддини Ѓозї њељ боварї набуд, ки ў шахси комил аст, чунки худ изњори пушаймонї намуд, аммо хеле

бахшиш кунад, то як андоза боз насињатгар низ шудааст. Ќиёмиддини Ѓозї дар барнома вобаста ба эњтирому ќадршиносии ятимон ёдовар шуда, изњор намуд, ки њазорњо фарзандон аз дасти чунин хиёнаткорон ятим гаштаву баъдан хорузор шуданд. Вой бар њоли чунин нафароне, ки ба љойи мењрубонї чї амалњои дањшатбореро анљом додаанд. Дар шариат мегўянд, ки то зарурат набошад, талаб кардан ќобили ќабул нест. Аммо Ќиёмиддини Ѓозї худ иќрор гардид, ки 10 миллион долларро аз хориљиён ба хотири наљоти муњољирон љамъоварї намудааст. Саволе ба

Дар њошияи барномаи телевизионии «Решањои ноаён» дер шуд. Њанўз бархе аз модарон чашм ба роњи фарзандони ѓурамаргашон мебошанд. Њанўз тифлаконе, ки даврони љавонї меронанд бо ёди падар пазмон шудаанд. Гулдухтароне, ки солњои 90-ум айёми пуршўру шари љавониашонро хиёнаткорон ба торикистон табдил доданд, то ба имрўз роњи њамсафарони зиндагии хешро интизоранд. Бовар надоранд, ки пайвандонашон аз ин дунё рењлат кардаанд, чунки љисми муборакашонро њанўз ёд надоранд, ки ба хоби абадї фурў рафта бошанд. Љавоби ин њама садои ќалби мардуми љигарсўзи кишварро, кї посух мегўяд? Оё, Ќиёмиддини Ѓозї, ки соњиби 8 њамсару 28 фарзанд шудааст, маротибае андеша кард, ки дигарон низ зану фарзанд мехостанд? Ин баднафси лаин бо як њамсар ќонеъ нашуда, бар хилофи матлаби мазњаби Имоми Аъзам ва ќонуни ислом амал кардааст, чунки аќидаи шиагароёнаро пуштибонї менамояд. На ин ки пуштибонї, балки тарѓиб мекунад. Ин зархарид кайњо дину имон ва њисси миллии хешро аз даст додаасту боз дар ин барнома садо баланд карда, сухан мегўяд. Ба љои оне ки назди Худо тавбаву надомат ва њамдиёрони хеш узру

миён меояд, ваќте ки маблаѓ талаб мекард, чї дархост менамуд? Асли воќеаро пинњон дошта, бо маќсади амалї гаштани ѓаразњои нопокаш маблаѓро барои хариди силоњ истифода бурдааст. Пас, ин лањзањо бигузор чунин нафаронро виљдонашон азият дињад. Барои муњољирон 10 миллион доллар љамъоварї кардану кумаке нарасониданд, гуноњи азиме њаст. Кумаку дастгирии сариваќтиро аз мењнати њалоли миллати хеш фарзанди фарзонаи миллат муњтарам Эмомалї Рањмон расонид. Пешвои миллати мо бо дурандешиву зиракии хеш ояндаи дурахшони миллатро ба хубї тасаввур карда, дарк намуд, ки њељ муњољире дар хориљи кишвар хоса хоки Афѓонистон дар баробари вуљуд доштани шароити хуби зиндагї низ осуда нест, чунки фазилату кашиши зодгоњ, мењру муњаббати ватан ќувваи бузургест. Тољикистон дар њоле рушд мекунад, ки тамоми шањрвандонро дар оѓўши саршор аз мењраш љой бидињад. Бо дарки ин мазмун Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љони худро дар хатар гузошта, бо мухолифин борњо

музокирот намуданд, то даме ки Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї имзо нагардид, пайваста сафари худро идома медоданд. Ва шиори Пешвои миллат њамин буд: «То охирин муњољир ба ватан барнагардад, худро ором њис намекунад». Њамин ниятњои неки Сарвари давлатмон ўро имрўз, на ин ки дар кишвар, балки дар арсаи љањонї ба некї шинохта кард. Мардуми кишвар имрўз бо хушњоливу осудагї дар оѓўши ватан зиндагї намуда, аз чунин як Роњбари хирадмандашон сипосгузоранд. Чї хеле, ки мегўянд, ќувваи некї ѓалаба намуд. Вой бар њоли хиёнаткорони ватан, ки ба мисли Ќиёмиддини Ѓозї изњори пушаймонї менамоянду шарм надошта, мардумро ба роњи дурусти зиндагї њидоят мекунанд. Бехабар аз он ки сухани онњо дар љомеа њељ ќурбе надорад. Имрўз рушанфикрони љомеаи мо хело зиёданд, ки дар рў ба рўи чунин нафарони кўтоњандеш истодагарї мекунанд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Тољикистони соњибистиќлол њамчун як давлати пешрафта маќоми хешро боло бардошта, баробари расидан ба истиќлолияти энергетикї тамоми соњањо рушд менамояд. Ва намояндагони њизбу њаракатњои ифротгаро наметавонанд маќсадњои ѓаразноки хешро вориди ватан созанд. Чунки мардуми кишвар бо анљом додани корњои ободонию созандагиашон, сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро самимона пуштибонї мекунанд. Онњо медонанд, ки сиёсати имрўзаи роњбарияти олии кишвар созанда буда, аз ояндаи дурахшони миллат башорат медињад. Акнун метавон бо дилпурї бигўем, ки њељ ќувваи ѓаразноке аз ин пас наметавонад сиёсати имрўзаи Сарвари давлатамонро рахна намуда, оромии кишварро халалдор созад. Мо мардуми шарифи Тољикистон мутмаинем, ки имрўзу ояндаи дурахшон насиби мост. Усмоналї Нуров, муовини раиси Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, њамзамон сархатиби шањри Бохтар

Идораи рўзномаи «Хатлон» тасмим гирифтааст, ки тањти рубрикаи нави «Њунарњои мардумї» дар бораи касбу њунарњои анъанавии тољикон ба хонандаи худ маълумот дињад. Тавре ки маълум аст, тољикон дорои таъриху фарњанги ќадимї ва пурѓановат буда, бо њунармандию гулдастиашон машњури олам гаштаанд. Њунар омўз, к-аз њунармандї, Даркушої кунї, на дарбандї. Низомии ГАНЉАВЇ

ТАВОНГАРЇ БА ЊУНАР АСТ НА БА МОЛ… Касбу њунар њамеша инсонро сарфарозу бахтёр мегардонад. Шахси њунарманд дар њама њолат ниёзи иљтимої, осудагии худро ќонеъ мегардонад. Вобаста ба ин, њатто дар њикмати мардум низ њунар мавќеи хосаеро ишѓол намудааст. Њунармандро њама азизу гиромї медоранд. Хушбахтиву комронї ва зебоиву шодмонї њама аз мањсули дасти њунармандон сарчашма мегирад. Хушбахтона, дар љомеаи мо мардум ба њунару њунармандї ањамияти љиддї медињанд. Бахусус падару модарон талош меварзанд, то аз хурдї ба фарзандон њунареро омўзанд. Њунар сарчашмаи физояндаи давлату сармоя буда, дар њама ваќт бо худи шахси њунарманд боќї хоњад монд. Зеро молу сарват хислати муваќќатиро доро буда, њар лањза метавонад туъмаи яѓмогарон гардад. Лекин њунар аз ин офатњо эмин аст, њаргиз туъмаи яѓмогарон буда наметавонад. Аз ин хотир, соњибњунар њама ваќт шахси комгор буда, андешаи хатари њунари худ надорад. Ба ин мазмун њаким Абулќосим Фирдавсии Тўсї фармудааст:

ШАМЪИ ХОТИРА

Номи некаш љовидон монд Бо гузашти айём њар давру замон шахсонеро ба майдон меоварад, ки ному наќши кори онњо аз хотирањо фаромўш намешаванд. Онњо мардони рўзгори хеш буданд ва барои миллату давлати худ хизмати арзанда кардаанд. Абдулмаљид Њаќназаров аз он ќабилмардони бошарафе буд, ки як умр пайи ободї ва хизмати миллату љомеа буд. Месазад, ки ба хотири зањматњои кашидаи ў сањифаи зиндагиномаашро вараќгардон намоем, то ба наслњои ин айём дарси мењнату суботкорї гарданд. Ў ифтихори давлат ва оила буд. Номи ў на танњо дар миќёси Кўлоб, балки дар саросари Хатлону Тољикистон вирди забони мардум буд. Зодаи кўњистони Балљувон Абдулмаљид Њаќназаров 9 майи соли 1937 дар дењаи Охбулоќи ноњияи Балљувон дар оилаи зиёї ба дунё омадааст. Китоби рўзгори ин марди зиндаёд пур аз сањифањои рангину лањзањои талху ширин буд. Абдулмаљид маълумоти њафтсоларо дар мактаби дења гирифта, бо рањнамоии директори онваќтаи мактаб -интернати Кангурт Умар Валиев тањсилашро дар ин љо идома дод. Соли 1955 мактаб-интернатро бо бањои аъло хатм карда, ба Донишкадаи тиббии ба номи Абўали ибни Сино њуљљат супорид. Аз байни 380 нафар довталаб њабдањ нафар ќабул шуд, ки яке аз онњо Абдулмаљид Њаќназаров буд. Камбизоату нодорї маљбураш сохт, ки муддате дар аз худ кунии заминњои водии Вахш иштирок карда, маблаѓе ба даст оварад. Аз самарии мењнаташ соњиби маблаѓу мукофот шуд. Чун донишљўи њаќиќї шабу рўз меомухт. Абдулмаљид Њаќназаров соли 1961 Донишгоњи тиббиро бо дипломи аъло хатм карда, бо роњхати Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон ба собиќ ноњияи Москва (њозира ба номи М.С.А.Њамадонї) ба кор омад. Фаъолияти мењнатиаш аз вазифаи сардухтури касалхонаи минтаќавї оѓоз ёфт. Муддате сардухтури касалхонаи беморињои сили ноњия шуда, чун мутахассиси варзидаю љамоатчии фаъол соњибэњтиром гардид. Њамин буд, ки соли 1965 ўро ба вазифаи сардухтури беморхонаи марказии ноњия пешбарї намуданд. Бо ташаббус ва азму талошњои пайвастааш дар як муддати кўтоњ бинои беморхонаи марказї, беморхонаи сил, касалињои пўст ва се беморхонаи минтаќавї сохта ба истифода дода шуданд. Дар ноњия сифати хизматрасонии тиббї ба мардум хеле баланд шуд. Хамин буд, ки беморхонаи марказии ноњия, дар њамон даврањо се маротиба ѓолиби мусобиќаи умумииттифоќї дониста шуда, ба гирифтани мукофоти аввалин мушараф гардида буд. Соли 1974 баробари таъсис ёфтани вилояти собиќ Кўлоб мудири шуъбаи тандурустии вилоят таъин гардид. Акнун њисси масъулиятшиносиву азму талошњояш барои пешрафти соњаи тандурустї боз њам беш-

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

тар шуд. Њангоми кор кардан дар ин вазифа ба бунёди беморхонаи касалињои дил барои 100 кат, беморхонаи касалињои сил дорои 200 кат, 3 шуъбаи касалхонаи вилоятї, диспонсери касалињои рўњї, маркази хунгирї барои 10 њазор кас, маркази санитарї эпидемиологии вилоятї шарафёб гардид. Њамчунин дар ноњияњои Фархору Данѓара, Темурмалику Муъминобод, Кўлобу Балљувон беморхонањои наву замонавї сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар онњо садњо нафар беморон табобат карда мешаванд. Дар даврањои кори Абдулмаљид Њаќназаров дањњо беморхонањои нави минтаќавї низ мавриди истифодабарии мардум ќарор гирифтанд ва бо таљњизотњои нави тиббї муљањаз гардонида шуданд. Хизматрасонии тиббї ба ањолї хеле бењтар гардид. Абдулмаљид Њаќназаров дар солњои фаъолияти кориаш дар соњаи тандурустї њамчун сарварии љамъияти Њилоли Ањмари шањру навоњии Кўлобро бар ўњда дошта, барои бењдошти рўзгори мардуми камбизоат ва касалманду аз офатњои табиї зарардида бо дањњо ташкилотњои байналхалќї њамкорињои ќавї дошт. Тули солњои фаъолияти роњбариаш дар ин вазифа барои амалї шудани дањњо барномањои гуногун талош варзидааст. Фаъолияти бисёрсолаю пурсамараш дар ин самт бо унвони ифтихории Аълочии љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон ќадршиносї гардидааст. Абдулмаљид Њаќназаров чун инсони наљибу роњбари ѓамхор дар тарбияи љавонон ва ба камол расонидани кадрњо хизмати босазо кардааст. Аз самарии некињояш Аламхон Ахмедов, Иноят Мурдов, Равшан Пўлодов, Шерафган Сатторов, Амонулло Ѓоибов, Сабзалї Бозоров, Абдумуслим Темуров, Исматулло Нусратуллоев, Рањматулло Рањмонов, Абдулло Пиров барин садњо нафар табибони некном ба камол расидаанд. Абдулмаљид Њаќназаров бо њамсараш бонуи хонадон ба тарбияи фарзандон эътибори љиддї дода, барои соњибмаълумот шуданашон талош варзидаанд. Њамин буд, ки Матлубаю Зулайхо, Рухшонаю Инъом ва Умеду Наргис соњибмаълумот гардида дар соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат садоќатмандона хизмат карда истодаанд. Хизматњои Абдулмаљид Њаќназаров дар соњаи тандурустии вилоят бо ордену медалњои зиёд, 6 Ифтихорномаи фахрии Президиуми РСС Тољикистон, Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон ќадршиносї шудааст. Њамчунин шодравон Њаќназаров, дорандаи медали ба номи Пирагов ва А.Сино мебошад. Абдулмаљид Њаќназаров њоло дар ќайди њаёт нест. Вале кори неку номи неки ў дар дилу дидаи мо боќї мондааст. Шоир дар њаќќи чунин инсонњои нек хуб фармудааст: Зиндаю љовид монд, њар ки накўном зист, К-аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро. Назирмад Сафаров, журналист

Њабибулло Фаќиров ним асри њаёти пурбаракати худро ба касби пуршарафи омўзгорї бахшидааст. Ў њамчун омўзгори асилу сахтгир насли наврасро дар рўњияи инсондўстию ватанпарварї ва худшиносии миллї тарбия менамуд. Донишу масъулиятшиносии ўро ба инобат гирифта, муаллими синфњои ибтидої таъинаш карданд. Дар оѓози фаъ-олияти корї директори мактаб таъкидаш намуда буд: «Бо кўдакон кор кардан мушкил аст, онњо њанўз дар афсонаи худ ќарор доранд. Аз ин рў, бедор намудани завќи онњоро ба донишандўзї њунари махсусро талаб мекунад. Пеш аз њама ба забони онњо сухан гуфтану дилашонро ёфтан лозим аст. Хонанда дониш, яъне хондану навиштанро мањз дар синфи ибтидої меомўзад». Њабибуллои љавон ин масъулиятро эњсос мекард. Машѓулиятњоро бо кўдакон

ми аълои омўзгорї буд. Ў соли 1943 Омўзишгоњи педагогии шањри Ќўрѓонтеппа (Бохтар)-ро хатм намуда, соли 1959 Донишкадаи педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (њозира Донишгоњи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнї)-ро ба итмом расондааст. Фаъолияти эљодии худро њанўз дар давраи љавониаш аз солњои 1955 оѓоз намуда, шеъру ѓазалњояш дар рўзномаю маљаллањои даврї рўйи чоп омадаанд. Сипас маљмўаи шеърњояш, ки тараннумгари дўстию рафоќат, мењри ватани мањбуб, ишќи поки љавонї буданд, бо унвонњои «Табассум», «Гулдаста», «Мењробод», «Ворисони арзанда» ва ѓайрањо рўйи чоп омада, пешкаши хонандаи завќбинаш гардид. Њукумати Љумњурии Тољикистон зањматњои бисёрсолаи омўзгори равшанзамирро ба инобат гирифта, ўро бо нишонњои

њабиби вањдатсаро содаю шавќовар ва бо аёният мегузаронд. Ў кўдаконро дўст медошт ва бо онњо кор кардан барояш чандон душвор набуд. Љавон њанўз давраи донишљўї машќи шеър мекард ва асосан шеърњои кўдакона эљод менамуд. Ин барои пешравии фаъолияти омўзгориаш кумак мерасонд. Њабиб Фаќиров бо табъи баланди шеърнависї ва сурудхонї гули сари сабади маъракањои хурсандии њамдењагонаш буд. Ў худ њам шеър эљод мекард њам суруд месароид. Тўйи арўсу домодии мардуми Дањанакиики бостониро бо хушгўї, овози дилкаш, њунари волои ромишгариаш гарм мекард. Маќомоти болоии њамонваќтаи ноњияи Хуросон ќобилияти ташкилотчиги кордонии Њабибулло Фаќирро ба инобат гирифта соли 1976 ўро ба вазифаи масъулиятнок - раиси Љамоати дењоти «Ќизилќалъа»-и ноњияи навтаъсиси ба номи Илич пешнињод намуданд. Ў дар ин вазифа зиёда аз дањ сол ба мардум хизмати софдилона намуд. Хољагињои калон, ки дар њудуди љамоат ба пахтакорию ѓаллапарварї машѓул буданд, дар давраи роњбарии ў ба комёбињои калони мењнатї ноил гаштанд. Махсусан дар он солњо пахтакорї ривољ ёфта буд. Мањз дар давраи раисии ў дењќонони асилу кордон ба монанди шод-равон Ќурбонмурод Холов, Сафар Солиев њосили рекордии пахтаи дарознах рўёнида, сазовори унвони олии Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї гардиданд. Аввали солњои 80-ум ба камина муяссар гашт, ки бо њамроњии акаи Њабибулло дар пойтахти кишварамон-шањри Душанбе дар курси якмоњаи хизматчиёни давлатї, ки шунавандагон њама раисони љамоатњо буданд, бозомўзї намоям. Њамон ваќт мутахассиси љавон будам, вазифаи раиси Љамоати дењоти «Навзамин»-и ноњияи Љиликўл (њозира Дўстї)-ро ба уњда доштам. Бо ў дар як миз менишастем. Рости гап, дар ин муддати кўтоњ бисёр нозукињои кори роњбарї ва одаму одамгариро аз њамин марди асилу хоксор омўхтам. Дар њамон рўзњо аввалин китоби ѓазалиёти устод аз нашр баромада буд ва ба ман бо соядасташ китобе таќдим намуд. Њабибулло Фаќиров дорандаи ду дипло-

сарисинагии «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон» ва «Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон» ќадршиносї намудааст. То лањзањои охирини њаёташ, яъне пеш аз оѓози Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар шањри Бостонии Хуљанд, мардуми азизи худро ба якдигарфањмї ва тањаммулпазирї даъват менамуд. Саркардагони бо ном муллоњои худнаморо сахт мањкум мекард. Устод боварии комил дошт, ки мардуми азизаш аз вартаи љањолат зуд рањої ёфта, рўзњои хуррамию осоиштагї насибашон мегардад. Бузургфарзанди устод Љамолиддин иброз медорад, ки падараш њанўз дар бистари беморї буд ва аз тариќи телевизион борњо баромади вакили мардумии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро дар иљлосияњои Шўрои Олї тамошо карда, пешгўї мекарданд, ки ин марди некдил дар њаќиќат нотарсу далер аст. Худо хоњад ояндаи миллати тољик дар дасти ин марди далеру шуљоъ хоњад монд ва ватан ободу зиндагии мардум хуб мешавад. Њамин тавр њам шуд. … Сад дареѓ, ки умр ба ин марди асил вафо накард. 24 сентябри соли 1992 дар 66-солагї аз олам чашм пўшид ва натавонист, лањзањои њаяљонбахши Иљлосияи 16уми таърихии дар шањри бостонии Хуљанд баргузоргардидаро бо чашми худ бубинад. Баъд аз маргаш кору пайкори оѓознамудаи ўро фарзандону шогирдонаш давом дода истодаанд. Ворисонаш Љамолиддин ва Хурсандмуроди Фаќир дар пайрањаи барояшон ошно, ки онро ќиблагоњашон кушода буд, гом гузошта, ба эљодкорї машѓуланд. Хурсандмуроди љавону умедбахш соли љорї дар озмуни љумњуриявии «Шоирона» бо шеъру таронањояш соњиби љоиза ва диплом гардид. Боиси ифтихор аст, ки муассисаи таълимии №20-и ноњияи Хуросон имрўз номи шоири шинохта Њабиб Фаќирро дошта, нимпайкарааш дар сањни мактаб гузошта шудааст.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

М. Муродов, бойгоншиноси дастгоњи раиси вилояти Хатлон

Куљо бењунар шуд асири ниёз, Њунарманд њар куљо бувад сарфароз. Марди соњибњунар њама ваќт дар байни ањли љомеа соњиби мавќеи худ буда, љойгузини њар маъракањост. Шахси бењунар баръакс рондаи љамъият буда, њама шахсон кўшиш мекунанд аз шахси бењунар дар канор бошанд. Аз ин љо шахси соњибњунар, ба андешаи шоири машњур Бадридини Њилолї, азизи мардум аст: Соњибњунаре, ки ботамиз аст, Дар дидаи мардумон азиз аст. Њунар зодаи дониш аст. Илму хирад љањонро рўшаниандоз мебошанд. Аз шахси донишманд њунарманди хуб мебарояд. Аз ин рў, касбу њунар њамчун зодаи илму дониш нурест дар торикии зулмот, ситораест дар осмон, ки њар касро ба сўи худ мехонад.

Даъват ба он мекунад, ки шахс умри худро бењуда нагузаронад. Онро сарфи аз худ намудани касбу њунаре кунад, то дар оянда бањри мардуми худ, нафъе орад. Ба ќавли Абулќосим Фирдавсї: Њунар љўю бо пири доно нишин, Чу хоњї, ки ёбї зи бахтофарин. Касберо соњиб шудан басо кори мушкил ва зањматталаб мебошад. Ин роњи умед пастиву баландињо ва мушкилињои зиёде дорад, ки њар касро сабри тай кардани он набошад. Шахси хирадманд дар ин љода устуворона ќадам мезанад ва оќибат ба маќсади худ мерасад. Зеро чї тарзе ки Сайидои Насафї зикр мекунад: Љўйи шир ояд бурун аз кўњ бањри кўњкан, Рўзии худ мекунад соњибњунар њосил зи санг. Нафароне кам нестанд, ки ѓофил аз гардиши фалак аз моли падар мефахранд ва дар омўзиши касбу њунар бемасъулиятї зоњир мекунанд. Кўтоњандешї онњоро ба мушкилот рў ба рў месозад. Албатта оќибати он њељ аст. Дар ин хусус њаким Абдуррањмоин Љомї мефармояд: Њар писар, к-ў аз падар лофад,на аз фазлу њунар, Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст. Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор Чун наорад мева бор, андар шумори њезум аст. Муслињиддин Саъдии Шерозї њунарро давлати поянда ва чашмаи зоянда номидааст. Соњибкасбони њунарманд дар дилу дидаи мардумон љой доранд ва њамеша онњоро бо некї ёд мекунанд. Аз ин рў, моро лозим аст, ки дар пайи омўзиши њунар шабурўз зањмат кашем. Мадина АББОСОВА, омўзгори Мактаби Президентї барои кўдакони болаёќат дар ноњияи Данѓара

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШЃОЛИ МАНСАБЊОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТЇ ОЗМУНИ КУШОДА

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД ДАСТГОЊИ МАРКАЗИИ САРРАЁСАТ: 1. Сардори раёсати омори демографї, шуѓли ањолї, иљтимої ва нарх-1 љой, маоши мансабї-1800 сомонї. 2. Сармутахассиси шўъбаи иљтимоии раёсати омори демографї, шуѓли ањолї, иљтимої ва нарх-1 љой, маоши мансабї- 894 сомонї. 3.Мутахассиси шуъбаи сохтмони раёсати омори саноат, инвеститсияњо дар сохтмон, савдо ва хизмати пулакї -1 љой, маоши мансабї- 603 сомонї. 4. Мутахассиси раёсати љамъбастї ва табъу нашр – 1 љой, маоши мансабї-603 сомонї. 5. Мутахассиси шуъбаи мењнати раёсати омори кишоварзї, њифзи муњити зист, молия ва мењнат – 1 љой, маоши мансабї – 603 сомонї. 6. Мутахассиси шуъбаи савдои раёсати омори саноат ва инвеститсияњо дар сохтмон, савдо ва хизмати пулакї – 1 љой, маоши мансабї -603 сомонї. Шањру ноњияњои вилоят: 1. Сармутахассиси шуъбаи омори шањри Бохтар – 1 љой, маоши мансабї – 853 сомонї. 2. Сармутахассиси шуъбаи омори ноњияи Вахш – 1 љой, маоши мансабї – 811 сомонї. 3. Сармутахассиси шўъбаи омори ноњияи Љалолиддини Балхї– 1 љой, маоши мансабї – 811 сомонї: 4. Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноњияи Абдурањмони Љомї – 1 љой, маоши мансабї- 666 сомонї. 5. Мутахассиси пешбари бахши омори ноњияи Носири Хусрав– 1 љой, маоши мансабї-666 сомонї. 6. Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноњияи Хуросон – 1 љой, маоши мансабї-546 сомонї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон (бахши кадрњо), телефон: (8-32- 22) 2- 91-06. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Вањдат 49 А (назди Маркази саломатии кўдаконаи шањри Бохтар). Индекс: 735140, Факс : 2-55-71. Ќабули њуљљатњо тибќи эълони озмун дар нашрияњои расмї. Эъзоњ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї њар моњ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.

эътибор надорад

Шањодатномаи гумшудаи АБ №003726, ки онро соли 1997 МТМУ №18-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Шарипов Дустмурод Ташмурадович додааст, эътибор надорад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/ рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Комрони БАХТИЁР

Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 26.06.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи 25 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu