ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №2 (3238)
љумъа, 3 январи соли 2020
Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 декабри соли 2019, шањри Душанбе
www.khatlon-ruznoma.tj
муассисањои вилоятї, шањру ноњияњо ба сухан баромада, љонибдории хешро аз сиёсати оќилонаи Роњбари давлат изњор доштанд. Зимни суханронї онњо нисбати амалњои ѓайриинсонии гурўњњои террористиву экстремистї сухан ронда, аз кирдору рафтори вањшиёнаи бадхоњон изњори нигаронї намуданд. Дар љамъомад, њамчунин, як гурўњ љавонони фаъол, варзишгарон, ки дар тараќќиёти соњањои хољагии халќи вилоят сањми муносиб гузоштаанд, бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва асарњои ќањрамонони Тољикистон Бобољон Ѓафуров ва Эмомалї Рањмон сарфароз гардонида шуданд. Дар вазъияти тантанавї маросими љоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар соли 2019 баргузор гашт. Бењтарин бозингар аз дастаи кўдакона Равшанбек Нурмуродов, аз ноњияи Носири Хусрав дониста шуд. Бењтарин бозингари
Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маљлиси намояндагон ва маљлисњои мањаллї рўзи 1 марти соли 2020 таъин шуд. Интихоби вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї, вакилони маљлисњои мањаллї ва љамоатњо њуќуќи истисноии интихобкунандагон мебошад. Ба шумо - шањрвандони азизи мамлакат мурољиат мекунам, ки њангоми баргузории интихоботи навбатї, аз вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї сар карда, то вакилони љамоатњо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед.
то синни 14-сола Њусейни Абдурањим, аз ноњияи Дўстї, то синни 15-сола Миќдор Розиќов аз дастаи “Равшан”-и шањри Кўлоб, то синни 17-сола Амирљони Фаррухзод аз дастаи “Равшан”-и шањри Кўлоб шинохта шуд. Њамин тавр мураббии кўдакону наврасон дар соли 2019 Љавњаршоњ Шоњѓиёсов аз дастаи “Равшан”-и шањри Кўлоб, футболбози бењтарини љавон Сафиоллоњ Назарзода аз дастаи футболи “Хатлон”-и шањри Бохтар, мураббии бењтарини љавон Камол Ортиќов аз дастаи мазкур дониста шуд. Њамлагари бењтарини сол Наврўз Воњидов, дарвозабони бењтарин Миралї Муродов, аз дастаи футболи “Кўшон”-и ноњияи Кўшониён, муњофизатгари бењтарин Нўшервон Саъдуллоев аз дастаи “Арал”-и ноњияи Абдурањмони Љомї, ниммуњофизатгари бењтарини сол Сайдалии Сафаралї, аз дастаи футболи “Њосилот”-и ноњияи Фархор, њамлагари
бењтарини сол Манучењр Беков, аз дастаи футболи “Сарњадчї”-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї эълон гардид. Њамин тавр, нишонзани бењтарин Саймуњиддин Сайдмуртазоев, аз дастаи “Кўшон”-и ноњияи Кўшониён дониста шуд, ки ў 33 гол задааст. Мураббии бењтарини сол бошад, Сиёвуш Боев, аз дастаи футболи “Моњир”-и ноњияи Ёвон, футболбози бењтарини лигаи якуми вилояти Хатлон Муњсин Мадуллоев, аз дастаи футболи “Файзканд”-и ноњияи Восеъ ба шумор рафт. Њамин тавр, футболбози бењтарини лигаи якуми вилояти Хатлон Бањровар Њалимов, аз дастаи футболи “Моњир”-и ноњияи Ёвон, дастаи бењтарини сол дастаи “Арал”-и ноњияи А. Љомї ва дастаи футболи “Кўшон”-и ноњияи Кўшониён соњиби Љом дар лигаи дуюм гардиданд. Дастаи “Моњир”-и ноњияи Ёвон дар лигаи дуюм љойи аввал ва медали тиллоро сазовор гашт. Солњои охир бозии футбол миёни бонувон низ дар вилояти Хатлон бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Президенти Федератсияи футболи Тољикистон муњтарам Рустами Эмомалї рушд намуда, дар ин самт футболбоздухтарон ба дастовардњои назаррас ноил гаштанд. Футболбози бењтарини бонувони то 15-сола Дилафрўз Кучкинова дониста шуд. Бењтарин бозингари сол аз дастаи “Хатлон”-и шањри Бохтар Лайло Њалимова, мураббии бењтарини футболи бонувон Ашўр Гадоев њисобида шуд. Њамин тавр, раиси вилояти Хатлон њамзамон, раиси Федератсияи футболи вилоят ва муовини Президенти Федератсияи футболи Тољикистон Алишер Уроќов ѓолибонро табрику тањният гуфта, барояшон дастовардњои назаррас таманно намуданд. Чорабинии мазкурро санъаткорони вилоят бо суруду таронањои дилнишин шањомати хоса бахшиданд. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»
Ќабули сайёри шањрвандон
Дастгирии шахсони эњтиёљманд кори савоб аст Дар арафаи Соли нави мелодї муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонулло дар ноњияи Ёвон ќабули шањрвандонро доир намуд, беш аз 20 нафар сокинони ноњияи Ёвон ба муовини аввали раиси вилоят арзи матлаб намуданд. Сокинони ноњияи Ёвон оид ба масъалањои вобаста ба таъмири роњи автомобилгарди ЁвонВањдат, људо намудани замини наздињавлигї, тоза намудани љўю зањкашњо, таъмини оби нўшокї, тоза кардани селпартоњо, ташкил намудани хољагии дењќонї аз њисоби заминњои таълимїтаљрибавї дар њудуди Љамоати дењоти “Обшорон”, таъмири пули мошингарди байни Љамоати дењоти “Ситораи сурх” ва шањраки “Њаёти нав” ва људо намудани ќитъаи замин барои сохтмони бунгоњи тиббї дар дењаи Таѓойобод ба муовини аввали раиси вилоят мурољиат намуданд. Арзу матлаби аксар сокинони
ноњияи Ёвон бањри рушди мањал ва бењ гардидани зиндагии ањолї равона гардида буд. Муовини аввали раиси вилоят пас аз шунидани арзу матлаби шањрвандони ноњияи Ёвон масъулини ташкилоту муассисањои вилоятї ва ноњиявиро бањри њаллу фасли мушкилоти љойдошта муаззаф намуд. Номбурда таъкид дошт, ки њадаф аз тањияи наќшачорабинињо бахшида ба сиюмин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, ќабл аз њама таќвият бахшидани корњои ободониву созандагї, рушди инфрасохтори дењот, бењбудї ба рўзгори сокинон, бунёди муассисањои таълимию табобатї, хизматрасонї, таъмиру тармими роњу пулњо, бунёди корхонањои саноатї, таъмини ањолї бо љойи кори доимї мебошад. Тавре, ки Амонулло Хайрулло иброз дошт, саноатикунонии босуръат њадафи чоруми стратегии кишвар ба шу-
мор меравад, зеро рушди саноат дар баробари таъмини устувории иќтисодиёт, њамчунин љињати ташкили љойи нави корї, баланд бардоштани иќтидори содиротї ва раќобатнокии он замина мегузорад. Њамин тавр, муовини аввали раиси вилоят нисбати Паёми навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо талошњои Њукумати мамлакат дар панљ соли охир 14 Созишномаи сармоягузории хориљї ва ватанї љињати љалби сармояи мустаќим бо маблаѓи беш аз 14 миллиард сомонї ба имзо расонда шудааст, ки бо татбиќи онњо 20 корхонаи нави истењсолї бунёд карда мешавад. Дар соњаи энергетика бошад, 12 лоињаи нави сармоягузорї ба маблаѓи умумии 16, 1 миллиард сомонї татбиќ шуда истодааст. Дар доираи ин лоињањо 2 агрегати
Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода 31 декабри соли 2019 бо маќсади иштирок дар маросими ифтитоњи беморхонаи раќамї, шиносої бо рафти корњои сохтмонї дар иншоотњои таъйиноти гуногун, мулоќот бо сокинони Љамоати дењоти “Шугнов”, аёдати беморон ва табрики сокинони мањаллї бо фарорасии Соли нави мелодї бо сафари корї ба ноњияи Ховалинг ташриф овард.
Ифтитоњи беморхонаи нави раќамї дар дењаи Сиёњфарк
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Раиси вилоят: «Бо љавонони босаодати миллат ифтихор менамоем» 30 декабри соли равон дар толори театри вилоятии мусиќї-мазњакавии Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар мулоќоти раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо љавонон ва варзишгарон оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм баргузор гардид. Дар љамъомад љавонону варзишгарони шањру навоњии вилоят, масъулини ташкилоту муассисањои вилоятї ширкат доштанд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни суханронї таъкид дошт, ки соли сипаригардида дар сањифањои таърихи миллат бо дастоварду комёбињои нав ба нави мењнатї бо хатњои заррин сабт гардидааст. Раиси вилоят изњор дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон доир ба сиёсати дохиливу хориљии Тољикистони соњибистиќлол сухан рафта, аз љумла нисбати вазъи сиёсии љомеаи љањон махсус таъкид доштанд. Дарвоќеъ, созмонњои террористиву экстремистї бо истифода аз технологияњои навини иттилоотї љавононро маѓзшўї намуда, ба манфиатњои муѓризонаи хеш истифода мебаранд. Љавонони ноогањ, зудбовар ба доми ин гуна афроди берањму бешафќат меафтанд, њаёти худ ва ањли хонадони хешро зери хатар мегузоранд. Роњбари вилоят зимни суханронї аз авзои сиёсии љањон ва баъзе њодисањои нангини гўшаву канори ватани азизамон бо мисолњои мушаххас ёдрас гардида, таъкид ба амал овард, ки љавононро бо корњои муфиди љамъиятї, илму дониш равона сохта, савияи донишу љањонбинии онњоро бояд ташаккул дод. Зеро имрўз љавонон дар рушду нумўи љомеа сањми созгор дошта, Парчами ватани азизро дар мусобиќањои байналмилаливу дохилї парафшон менамоянд. Роњбари вилоят доир ба сањми арзандаву назарраси љавонон дар тараќќиёти соњањои хољагии халќ сухан ронда, чунин таъкид доштанд: «Мо бо шумо љавонони саодатманди миллат ифтихор менамоем». Пасон, як гурўњ љавонон аз ташкилоту
САФАРИ КОРИи РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОЊИЯИ ХОВАЛИНГ
Неругоњи барќи обии “Роѓун” ба кор шурўъ кард. Њамчунин, дар љамъомад нисбати иќдоми соњибкорони ватанї, ки дар рушду нумўи љомеа сањми муносиби хешро гузошта истодаанд, изњори назар намуда, таъкид гардид, ки соњибкорон бо иќдоми хайрхоњонаи хеш муассисањои тањсилоти миёнаи умумї сохта, барои тањсили толибилмон ва фаъолияти омўзгорон шароити мусоид фароњам оварда истодаанд. Иќдоми масъулини ширкати «Моњир семент» дар ин самт лоиќи дастгирист. Зимни љамъомад нисбати рушди соњаи сайёњї, ки яке аз самтњои соњаи давлат ба њисоб меравад, ибрози назар намуда, таъкид гардид, ки айни замон 200 ширкати сайёњї фаъолият дорад. Соли сипаригардида беш аз як миллион нафар сайёњон аз мавзеъњои нодири кишвари азизамон дидан
намуданд. Дар љамъомад нисбати таъмиру тармими китобхонањо ва љалби ањолї, бахусус љавонон ба китобхонї махсус таъкид рафт. Муовини аввали раиси вилоят зимни суханронї вобаста ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, дастгирии оилањои камбизоат, маъюбон, ятимону бепарасторон ва шахсони эњтиёљманд, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олии кишвар махсус таъкид доштанд, ёдовар гардида, масъулини соњањоро бањри дастгирии ин ќишри ниёзманд рањнамун сохт. Муовини аввали раиси вилоят Амонулло Хайрулло нисбати иљроиши ќисми даромади буљет, бунёди муассисањои таълимии томактабї, истењсоли мањсулоти саноатї ва кишоварзї, бунёди корхонањои истењсолї, таъмини иљрои наќша-чорабинињо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон андеша ронда, бањри бењбудї бахшидан дар ин самт дастуру супоришњо дод. ВАХШОНА, «Хатлон»
31 декабр бо иштироки раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода беморхонаи раќамии дењаи Сиёњфарки Љамоати дењоти “Шугнов”-и ноњияи Ховалинг мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Беморхонаи раќамии мазкур аз тарафи соњибкори ватанї Фатњулло Соњибов дар асоси наќшаи чорабинињо бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Ховалинг бо сифати баланд бунёд гардидааст. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки ба кори сохтмони ин бемористон 20 нафар бинокори мањаллї љалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Дар сохтмон ва муљањњазонии дармонгоњи мазкур, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 27 кати хоб аст, соњибкор зиёда аз 2 миллион сомонї харљ кардааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ифтитоњи боз як муассисаи тандурустї дар дењаи дурдасти ноњияи Ховалингро самараи марњалаи созандагиву ободкории кишварамон арзёбї намуда, дар арафаи Соли нави мелодии 2020-ум ба фаъолият оѓоз кардани ин дармонгоњи навро туњфаи идонаи Њукумати Тољикистон ва соњибкори ватанї ба кормандони соњаи тандурустии ноњия номид. - Мо хуб дар ёд дорем, ки 7 августи соли 2019 Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи сафари кории худ ба ноњияи Ховалинг бинои наву замонавии шуъбањои љарроњї ва кўдаконаи Беморхонаи марказии ноњияро мавриди истифода ќарор доданд,
- зикр намуд раиси вилоят зимни суханрониаш дар маросими ифтитоњи беморхонаи раќамї. - Бо дастгирии Њукумати мамлакат дастгоњу таљњизоти шуъбањои нави беморхона аз кишварњои пешрафтаи љањон харидорї гардида, аз љониби мутахассисони соња васлу насб карда шудаанд. Имрўз бошад, дар партави њидоятњои Пешвои муаззами миллат дар доираи омодагињо ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мавриди истифода ќарор дода шуд. Ќурбон Њакимзода таъкид намуд, ки яке аз омилњои асосии муваффаќияти њар як муассисаи тиббї, пеш аз њама, ба дараљаи касбияти кормандонаш вобаста аст. “Бинобар ин, бовар дорам, ки барои љалби мутахассисони баландихтисос ва пайваста такмил додани сатњи касбии табибони беморхонаи навбунёд чорањои судманд андешида мешаванд”, - афзуд раиси вилоят. Роњбари вилоят, њамчунин, изњори итминон кард, ки кормандону табибони муассисаи навбунёди табобатї минбаъд низ рисолати муќаддаси худро дар њифзи саломатии сокинон софдилонаву садоќатмандона иљро мекунанд. Дар идомаи маросими тантанавии ифтитоњи беморхонаи раќамї раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба соњибкорон Фатњулло Соњибов, Љумъахон Ќосимов ва дигарон Сипосномаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлонро таќдим намуда, ба онњо барои ташаббусу иќдомоти созанда ва ватандўстонаашон арзи сипосу миннатдории самимї баён кард.
Маросими гузоштани санги асоси муассисаи томактабї
Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода 31 декабр дар доираи сафари кории худ ба ноњияи Ховалинг дар расми гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи томактабї барои 100 нафар кўдакони хурдсол дар дењаи Сиёњфарк иштирок намуд. Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки иншооти мазкур дар доираи наќшаи чорабинињо бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 1,5 миллион сомонї бунёд хоњад шуд. Соњибкорон Фатњулло Соњибов ва Љумъахон Ќосимов ният доранд, ки ин муассисаи таълимии томактабиро моњи июни соли 2020 дар арафаи љашни Вањдати миллї мавриди истифода ќарор дињанд. Ќобили зикр аст, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пеш-
вои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии мамлакат чунин ќайд карданд: “Вазифаи муќаддаси њар яки мост, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тољикистони азизамон ва фароњам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони кишвар саъю талош намоем”. Ќурбон Њакимзода таъкид намуд, ки ин гуна иќдому ташаббусњо, ки аз љониби соњибкорони њимматбаланди номбаршуда амалї шуда истодаанд, њамеша ќобили тањсину дастгирї мебошанд. Раиси вилоят ба масъулони сохтмон ва бинокорон љињати дар муњлати муайяншуда, бо сифати баланд ва бо тарњи муосир ба анљом расонидани сохтмони кўдакистон дастурњои судманд дод.
Мулоќоти самимї бо собиќадорони мењнат ва куњансолони дењоти Шугнов Дар доираи ин сафар раиси вилоят аз муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №7-и дењаи Сиёњфарки Љамоати дењоти «Шугнов», ки соли 2019 аз тарафи соњибкор Фатњулло Соњибов ба маблаѓи зиёда аз 1 миллион сомонї бунёд шудааст, дидан намуд. Муассисаи таълимии мазкур барои 490 нафар дар як баст бунёд гардида, дар он 27 омўзгор ба
611 нафар хонандагон дар ду баст дарс мегўянд. Зикр гардид, ки ин таълимгоњ кўдакони синни мактабиро аз дењањои Сиёњфарк, Дашти Рубот, Хољаи сабзпўш ва Тигонов ба тањсил фаро гирифтааст. Соли сипаришуда 38 нафар ин муассисаи таълимиро хатм намуда, тариќи Маркази мил(Давомаш дар сањ. 2)
2
ХАТЛОН
Мулоќоти самимї бо собиќадорони мењнат ва куњансолони дењоти Шугнов (Аввалаш дар сањ. 1)
лии тестї 15 нафари онњо шомили донишгоњу донишкадањо гардиданд, ки 39,4%-и шумораи умумии хатмкардањоро ташкил медињад. Дар идомаи сафар Ќурбон Њакимзода бо собиќадорони мењнат ва куњансолони дењаи Сиёњфарк суњбати гарму самимї доир намуда, онњоро бо фарорасии Соли нави мелодї табрику тањният гуфт. Раиси вилоят бориши барфи зеборо дар арафаи Соли нав дар дењоти Шугнови Ховалинг фоли нек номида, изњори итминон кард, ки соли 2020 низ дар доираи наќшаи чорабинињои омодагии њамаљониба ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Ховалинг корњои ободонию созандагї вусъати бештар пайдо хоњанд кард. Тавре ки зикр ёфт, то соли 2021 дар ноњияи Ховалинг бунёду азнавсозии зиёда аз 330 иншооти таъйиноти гуногун пешбинї гардидааст. Дар давоми соли 2019 сохтмони 126 иншоот ба анљом расонида шудааст, ки дар он миён се муассисаи тањсилоти миёнаи умумї, ду беморхонаи раќамї, се коргоњи дўзандагї, бинои маъмурии љамоати дењот дар дењаи Лоњутї, сохтмони амфитеатр, маљмааи варзишї, њаммом, шуъбањои беморхо-
наи марказї, маркази љавонон, бинои маъмурии ЊХДТ дар ноњия, варзишгоњ, ду осорхона, чор мењмонхона, боѓи фарњангї-фароѓатї дар маркази шањраки Ховалинг бо љойгиркунонии Парчам ва Нишони давлатї, 6 майдончаи варзишї, коргоњи оби нўшокї, ду бинои баландошёна, ду њавзи шиноварї, ќабулгоњи мењмонон ва сайёњон, зиёда аз 20 маркази савдо ва хизматрасонї, бо оби тозаи нўшокї таъмин намудани сокинони 12 дења, ба истифода додани марказњои дандонпизишкї ва вируси норасоии масунияти одам, чароѓонкунии маркази ноњия ва 10 дења, мумфарш намудани 16 километр ва сангфарш намудани 26 километр роњњо, сохта ба истифода додани ду китобхона, насби 13 трансформатор ва 80 адад симчўбњо, се пули мошингузар мебошанд. Дар маросими ифтитоњи чанде аз иншоотњои номбаршуда Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рўзњои 7-8-уми августи соли сипаришуда шахсан иштирок карда буданд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи ноњияи Ховалинг, аз љумла соњибкорон ва шахсони њимматбаланд, барои корњои ободонии то имрўз амалинамудаашон изњори сипосу миннатдорї кард.
Боздид аз Маркази њунарњои мардумї дар дењаи Сиёњфарк Сафари кории раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба Љамоати дењоти “Шугнов”-и ноњияи Ховалинг бо боздид аз маркази њунарњои мардумї дар дењаи Сиёњфарк идома кард. Ќайд гардид, ки ин марказ соли 2019 дар доираи наќшаи чорабинињо бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидани солњои 2019-2021 аз тарафи соњибкор Вилоят Муњиддинова бунёд ва мавриди бањрабардорї ќарор дода шудааст. Раиси вилоят нахуст аз намоишгоњи мањсулоти нонию ќаннодї ва таомњои миллї, ки бонувони дења ороста буданд, дидан намуда, ба њунари пазандагии онњо бањои баланд дод. Дар ошёнаи дуюми бинои марказ сехи хайётї фаъолият карда, дар он 16 нафар бонувони мањаллї ба кор љалб гардидаанд. Марказ бо 16 дастгоњи дўзандагї таъмин карда шуда, дар он сарулибоси мактабї барои духтарон, маводњои рўзгор
(матрас, кўрпача), гулдўзињо ва дигар номгўи мањсулоти миллї омода менамоянд. Раиси вилоят дар суњбат бо бонувони њунарманд аз Паёми навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии кишвар ёдовар гардид. Роњбари давлат ба њамаи сокинони мамлакат мурољиат карда, даъват намуданд, ки “то љашни муќаддасу бузурги 30-со-
лагии Истиќлолияти давлатии Тољикистони мањбубамон њар як оила ба масъалаи таљдиду азнавсозї, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кўчаву хиёбон ва њамаи мањалњои ањолинишин кўшиш намояд. Мо бояд ин љашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрўза бењтар ва бо дастовезњои арзандаи миллати некномамон истиќбол намоем”.
Раиси вилоят дар аёдати афроди имконияти љисмониашон мањдуд Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар дењаи Сиёњфарки Љамоати дењоти “Шугнов”-и ноњияи Ховалинг ба аёдати Њасан Мирзоев, нафаќагири маъюб рафт. Зимни мулоќот бо Њасан Мирзоев раиси вилоят ўро бо фарорасии Соли нави мелодї муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба ќишри ниёзманди љомеа, алалхусус маъюбону барљомондагон, пайваста ѓамхорї зоњир менамоянд. Њасан Мирзоев ба Пешвои миллат ва раиси вилоят барои таваљљуњи доимиашон изњори сипосу миннатдорї кард. Ќурбон Њакимзода 31 декабр њамчунин ба дидорбинии Шарифхўља Сатторов, сокини дењаи Дашти Руботи Љамоати дењоти “Шугнов” рафт. Ш. Сатторови 36-сола маъюби гурўњи якум буда, падари чањор фарзанди хурдсол мебошад. Раиси вилоят ањли хонадони ўро бо Соли нави мелодї шодбош гуфта, ба масъулони ноњияи Ховалинг ва раёсатњои тандурустию маорифи вилоят дастур дод, ки раванди табобати Ш. Сатторов ва тањсили
фарзандони ўро дар таълимгоњ зери назорат ќарор дињанд ва њамаљониба мусоидат кунанд. Ќобили зикр аст, ки тибќи ќарори раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №195, “Дар бораи чорањои таќвият бахшидани њифзи иљтимоии ниёзмандон”, бо маќсади татбиќи сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти њифзи иљтимоии ањолї, иљрои дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба таќвият бахшидани њифзи иљтимоии ниёзмандон њар рўзи шанбе дар вилоят “Рўзи аёдати ниёзмандон” ба роњ монда шудааст. Дар доираи ин ќарор ба афроди ниёзманд, аз љумла шахсони камбизоат, ятимони кулл, оилањое, ки дар њайати худ шахси маъюб доранд, собиќадорони мењнат, иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда, маъюбони гурўњи 1 ва 2, шахсони яккаву танњо, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва барќароркунандагони сохти конститутсионї дар кишвар, ки маъюбї дошта, ба дастгирии моддию молиявї ниёз доранд, кумакњо расонида мешавад.
Шиносої бо шароити зисту тањсили тарбиятгирандагони литсей-интернати давлатии дењаи Шугнов
Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо шароити зисту тањсили тарбиятгирандагони литсей-интернати давлатии дењаи Шугнови Љамоати дењоти “Шугнов”-и ноњияи Ховалинг шинос гардид. Ќайд гардид, ки литсей-интернати мазкур соли 2014 дар за-
минаи литсей-интернати хусусї таъсис ёфтааст. Дар ин муассисаи таълимї айни замон 148 хонанда тањсил намуда истодаанд. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 60 нафарашон аз оилањои камбизоат буда, дар хобгоњ бо маблаѓгузории буљети мањаллї
нигоњубин карда мешаванд. Ба тарбиятгирандагон дар литсей 12 нафар омўзгорон дарс мегўянд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки соли 2019-ум 98%-и хатмкардањои ин литсейинтернат ба мактабњои олии таълимї, аз љумла 2 нафар ба донишгоњњои хориљи мамлакат, шомил гардидаанд. Дар баробари дидорбинї аз тарафи раиси вилоят ба хонандагони литсей-интернат туњфањои солинавї, аз љумла либосњои гарм ва ширинињо, барои хобгоњи литсей бошад, телевизорњо таќдим карда шуд. Раиси вилоят ба хонандагон тањсили хубу аъло ва рафтори намунавї, инчунин ба омўзгорони муассиса дар иљрои рисолати муќаддасу ифтихориашон барору комёбї таманно намуд. Носирљон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон
љумъа, 3 январи соли 2020, №2 (3238)
Дар партави Паём
РОЊНАМОИ ФАЪОЛИЯТ Профессорону устодон ва кормандони Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро бо хушнудї пазируфта, онро дастуру роњнамои фаъолияти худ донистаанд. Бояд зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат љињати рушду нумуи Тољикистони соњибистиќлол заминагузор буда, амалї намудани њар нуктаи он ба бењтар гардидани нишондињандањои мењнатї дар тамоми соњањо, аз љумла соњаи маориф ва илми кишвар мусоидат мекунад. Дар ин њуљљати муњими сиёсї дастовардњои кишвар ба таври васеъ таљассум ёфта, он фарогири њамаи пањлуњои њаёти љомеа буда, ифодагари рушди бемайлони иќтисодиву иљтимоии Љумњурии Тољикистон аст. Миллати сулњпарвару тамаддунофари тољик дарк кард, ки ягона васила ва омил барои саодатмандї ин Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмонро кормандони муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб ба воситаи садо ва симои љумњурї шунида, рўњу илњоми тоза гирифтанд. Дар ин њуљљати муњими сиёсї, њадафњои асосии давлат барои соли 2020 ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бањри рушди устувори њамаи соњањои иќтисодию хољагии мамлакат доир ба бењтаршавию баландбардории дараљаи некуањволии халќ возењу равшан баён гардид. Инчунин, бо дарназардошти рушди иќтисодиёти мамлакат ва имкониятњои имрўзаи молиявї аз 1-уми сентябри соли 2020 музди мењнати кормандони соњањои буљетї ба андозаи 15% зиёд карда мешавад ва ин иќдоми наљиб њамаи моро водор менамояд, ки корро боз њам хубтару бењтар ба роњ монем. Чї хеле ки ба њамагон маълум аст, ба ифтихори љашни 30 - солагии
оромиву осоиштагї мебошад, ки њифзи он дар Паём низ ишора шуд. Дар Паёми Пешвои миллат ва сиёсати иљтимоии Њукумати Љумњурии Тољикистон соњаи маориф ва илм маќоми аввалиндараља дорад. Њамин аст, ки њамасола барои рушди ин соња аз буљаи давлат маблаѓњои зиёд људо мегардад. Шароити тањсил дар муассисањои таълимї зина ба зина бењтар гардида, муассисањо бо таљњизоти муосири техникї таъмин гашта истодаанд. Ин њама ѓамхорињо ба рушди соња ва зиёд шудани нишондињандањо мусоидат менамоянд. Дар соли 2020 низ як ќатор тадбирњои муњим барои рушду густариши соњаи маориф ва илми кишвар андешида шудаанд, ки онњо марњила ба марњила амалї хоњанд гашт. Аз омўзгорону кормандони соњаи маориф ва илми кишвар таќозо мешавад, ки сатњу сифати таълиму тарбияро дар муассисањо дуруст ба роњ монда, насли созандаву бунёдкор ва дорои ахлоќу дониши баландро ба камол расонанд.
Мањз бо ин маќсад, дар факултети филологияи тољики ДДБ ба номи Носири Хусрав дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон наќшачорабинињо тањия гардида, дар ин самт корњои амалї татбиќ шуда истодаанд. Ќайд намудан зарур аст, ки аз Паём то Паём дар факултети филологияи донишгоњ навгонињои зиёде ба вуќўъ пайвастанд, ки гувоњ аз амалї гардидани нуктањои ин њуљљати роњнамосоз мебошад. Дастуру супоришњое, ки дар Паёми навбатї ироа шуданд, устодону кормандони факултетро вазифадор менамояд, ки дар омода намудани кадрњои баландихтисос, худшиносу худогоњ ва ватандўсту мењанпараст сањми шоиста гузоранд. Њамчунин, дар шинохт ва тањкими истиќлолияту вањдати миллї, таъмини зиндагии шоиста барои њар сокини кишвар, ки њадаф ва маќсадњои асосї ба њисоб меравад, чорањои зарурї андешанд. Илњом Ќодирї, декани факултети филологияи тољики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Китоб - рањнамои зиндагї Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон тањти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалї Рањмон (№ АП - 1165 аз 09.02.2019) миёни ќишрњои гуногуни љомеа, аз љумла хонандагону донишљўёни њамаи зинањои тањсилот ва шањрвандони кишвар озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної...» баргузор гардид. Вобаста ба ин, ба хотири боз њам бењтар ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солњои 20202040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф» эълон карда шуд. Минбаъд низ њар сол озмуни “Фурўѓи субњи доної...” – ро аз рўи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисањои тањсилоти томактабї ва миёнаи умумї; дуюм - тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї ва
сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роњ монда мешавад. Дар ин самт китобхонањо бояд ба маркази муњими илму фарњанг табдил дода шаванд. Зеро китоб мањсули аќлу заковати мардуми соњибтамаддун, омили асосии њифзи фарњанги миллї ва яке аз муњимтарин воситањои маърифатнок кардани ањли љомеа буда, ќобилияти сухандониву суханрониро сайќал медињад, доираи андешаву тафаккур ва љањонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роњи дурусти зиндагї рањнамої мекунад. Њамин аст, ки ба хотири баланд бардоштани сатњи маънавиёти ањолї дар як сол хондани на камтар аз панљ китоби бадеї ва њифзи асарњои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роњ мондан яке аз пешнињоди муњими дар Паём ироанамудаи Пешвои миллат мебошад. Яке аз иќдомњои беназири Пешвои миллат боз дар он зоњир
Пешвои миллатмаорифпарвари бузург 26 декабри соли 2019 Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ироа гардид. Пешвои миллат тамоми самтњои њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангу илму маориф ва ѓайраро ба пуррагї тањлил намуда, вазифањои навро барои соли 2020 муайян намуданд. Чун њамешагї Пешвои миллат ба соњаи
њаётан муњими љомеа-маориф диќќати љиддї доданд. Сари ин мавзўъ дар Паём зикр гардид, ки тањким бахшидани иќтидори илми кишвар, љорї кардани ихтироот дар истењсолот, устувор гардонидани пояњои моддиву техникии муассисањои таълимї, баланд бардоштани сифати таълим дар њамаи зинањои тањсилот, љалби боз њам васеи истеъдодњои љавон ба омўзиши технологияњои муосир ва
корњои эљодиву техникї вазифаи муњимтарини соњањои илму маориф мебошад. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон солњои 2020-2040ро «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф»
гардид, ки бо маќсади омўзиши амиќи таърихи пурифтихори халќи тољик шоњасари Бобољон Ѓафуров китоби “Тољикон” – ро аз њисоби Фонди Президенти Љумњурии Тољикистон чоп карда, то љашни 30 – солагии Истиќлолияти давлатї аз номи Роњбари давлат ба њар як оилаи кишвар туњфа намояд. Њар як дастури Паём мо-китобдоронро водор месозад, ки корро љоннок намуда, љињати ноил шудан ба ин њадафњои олї зарур аст, барои боз њам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиќона зањмат кашем, корњои бунёдкориву созандагї, дигаргунињои иќтисодиву иљтимоиро ба воситаи захираи бойи китобиамон дар байни омма тарѓиб намуда, дастаљамъона саъю кўшиш намоем. Саодат Абдулњакимзода, корманди Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб
пешнињод намуданд, ки маќсад аз он ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар додан ва сатњу сифати таълимро дар њамаи зинањо бењтар монданро инъикос менамояд. Ин пешнињод момаорифчиёнро водор месозад, ки имконоти мављударо самаранок истифода барем. Барои ноил гардидан ба ин маќсади наљиб, ки Сарвари давлат бо боварї аз зањмати собитќадамонаи ањли маориф баён доштанд, њар як корманди соњаро водор месозад, ки дар самти фаъолияти худ собитќадам бошем. Ќ. Давлатов, директори МТМУ №2-и ноњияи А. Љомї
Паём равшангари дастовардњост “Бо вуљуди он ки Тољикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрўза ва бо назардошти манфиатњои наслњои оянда мо бояд роњњои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эњтиёткорона бо захирањои обро васеъ љорї намоем.” Пешвои миллат Эмомалї Рањмон Дарвоќеъ, њадафи воќеии раванди Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солњои 2018-2028», ки дар роњи тањким ва мусоидат ба тадбиќи њадафњои рушди устувори марбут ба захирањои об мусоидат менамояд, ба ин гуфтањо равшанї андохтанд. Маќсад аз кўшишњои давлату Њукумати Тољикистон дар роњи сарфакорона истифода бурдани об маротибаи чорум аст, ки љањониёнро тасхир менамояд. Њамагї ба пешнињодњои оќилонаи Сар-
вари давлати тољикон њамраъй гардида, бањри амалигардии он дастгирињои амиќ ба амал меоранд. Дар ин роњ, бузургтарин иќдоми кишвари мо ин сохтмони Неругоњи барќи обии «Роѓун» мебошад, ки дар сатњи байналмилалї барои эътибору нуфузи Тољикистон љойи хосса дорад. Зањматњои зиёд барои ба кор даровардани агрегатњои якуму дуюми НБО-и «Роѓун» аз он дастовардњои даврони соњибистиќлолии тољикон аст, ки бо номи муњтарам Эмомалї Рањмон марбут буда, он дар сафњањои таърих бо њарфњои тиллої навишта мешаванд. Дар тамоми фасли сол бемамониат бо барќ таъмин гардидани ањолии кишвар аз маќсаду мароми давлату Њукумат буд, ки моро насиб гардид. Мо-омўзгорон дар машѓулиятњо ба љавонону наврасон аз ѓамхориву дастгирињои
бесобиќаи Пешвои миллат ёдовар гардида, хизмати содиќонаи яко яки њар фарди љомеаро ба ватану модар таъкид месозанд, љавононро ба адои садоќату вафодорї нисбати ватан-модар њидоят менамоянд. Дар ќалби онњо шуълаи мењру муњаббат ба Ватани азизамон – Тољикистон, собитќадамї дар њама љабњањо, ки аллакай пешравињои куллї ба назар мерасад, меафрўзем. Дуогўйи он њастем, ки љавонони имрўза якљо бо калонсолон бо ифтихору ватандорї дар тамоми љабњањои хољагии халќ садоќатмандона хизмат намоянд ва љињати расидан ба њадафњои пешгирифтаи давлату Њукумат дар роњи рушду нумуи кишвар сањми худро гузоранд. Нигина Юсуфова, омўзгори МТМУ №10-и ноњияи Љалолиддини Балхї
Насли солим зидди вабои аср «Њарчанд ки дар натиљаи чорањои андешидашуда солњои охир ќочоќи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коњиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудњои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад». Пешвои миллат Эмомалї Рањмон Дарвоќеъ солњои охир бархе аз љавонон аз вазъи носолимии љањонї истифода бурда, ба амалњои нангини инсонї даст мезананд. Онњо аз сатњи пасти
маърифату фарњанг, бехабарї аз зарари ба саломатї воридмешуда аз истеъмоли њаргуна маводњои масткунанда амалњоеро пеш мегиранд, ки љони љавони худро дар хатар мегузоранд. Бояд гуфт, ки дар ин љода гурўњњои экстремистї, душманони барои расидан ба маќсадњои нопоки сиёсии худ, ба онњо роњ мекушоянд, љавонони ноогоњ аз зарари маводњои мухаддирро бо њар роњу восита маљбур месозанд, ки ба амалњои бешарафона даст зананд. Бо чунин кирдори номардонаи худ дунёро ба гирдоби тарсу дањшатњои тасав-
вурнопазир афканда, мавќеи сиёсии худро мустањкам карданї мешаванд. Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї оид ба ин масоили нанговар таъкид кард, то ањли љомеа насли љавонро дар рўњияи худшиносии миллї, ватандўстї, мењанпарастї тарбия намуда, бањри аз ин маводи зараровар эмин нигоњ доштанашон бештар кор барем, то насли солиму солењро ба камол расонем.
БАРНОМАИ РАЊНАМУНСОЗ Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат, ќабл аз њама, инъикосгари пешрафти самтњои мухталифи љомеаи муосир буда, њар нуктаву дастур ва пешнињодоти он љињати бењбуд бахшидан ба сатњи зиндагии мардум равона шудааст. Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маљлиси Олї чун паёмњои ќаблї барномаи рањнамунсозе барои ањли љомеа, алалхусус мо - омўзгорон мебошад. Дастгирии соњаи маориф ва баланд бардоштани маќоми омўзгор дар љомеа аз он љињат муњим мебошад, ки ањли маориф дар рушди неруи инсонї сањми бузург доранд. Дар баробари таълим, тарбияи наврасону љавонон дар рўњияи ватандўстиву инсонпарварї ва худогоњиву худшиносї ба воя расонидани онњо низ вазифаи љонии омўзгор ва волидайн мебошад. Пешвои миллат дар њар як паёмашон ба соњаи маориф таваљљуњи махсус дода, барои ќадрдонї ва њавасманд гардидан марњила ба марњила музди
маоши омўзгоронро зиёд њам намудаанд. Аз њама нуктаи муњим ва басо заруру сариваќтї, ки Пешвои миллат ќайд намуданд, таваљљуњ ба фанњои табиатшиносї ва даќиќ буд, ки маро њамчун омўзгори фанњои даќиќ ором нагузошт, то ба ин пешнињоди муњим њамовоз бошам. Собиќаи беш аз 46-солаи омўзгории камина нишон дод, ки солњои охир љавонону наврасон ба фанњои табиатшиносї ва даќиќ таваљљуњи камтар зоњир менамоянд. Акнун бо боварї гуфта метавонем, ки эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф» аз тарафи Пешвои миллат, дар ташаккули техникї, азхудкунии ин фанњо ва њавасмандгардии наврасону љавонон нисбат ба фанњои даќиќ такони љиддие хоњад бахшид. Бо маќсади њарчи бештар ташвиќ намудани наврасону љавонон ба омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї бояд њар гуна озмунњо ташкил намоем, хонандагони болаёќатро њавасманд созем. Роњбари давлат дар Паёмашон дар бораи бунёди дањњо муассисаи таълимї бо њазорњо
Ба ин маќсад, баъди ироаи Паём сохторњои марбутаро мебояд дар байни ањли љомеа корњои фањмондадињиро пеш баранд. Намояндагони маорифу тандурустї, волидон, омўзгорон, фаъолон кўшиш ба харљ дињанд, то ин ки љавонон, насли наврас, фарзандон дар рўњияи ватандўстиву хештаншиносї ба камол расанд, аз амалњои номатлуб дурї љўянд, кишвари худро њамеша дўст доранд. Зеро љавонони љисману рўњан солим, неруи созандаи ояндаи давлатанд. Зафар Давлатов, мудири шуъбаи томактабию мактабии КАТС-и шањри Бохтар
љойи нишаст барои хонандагон, муљањњазонии мактабу донишгоњњо маълумот дода, зикр намуданд, ки дар соли нави 2020 сохтмони 181 муассисаи тањсилоти умумї дар њаљми 900 миллион сомонї бо муњайё намудани 54 њазор љойи нишаст пешбинї гардидааст. Акнун навбати мо – омўзгорон аст, ки љавобан ба ин дастгирињо ва ѓамхорињои давлату Њукумат сатњу сифати таълимро дар њамаи зинањои тањсилот баланд бардорем. Мо - омўзгорон аз Паёми навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон рўњу илњоми тоза гирифта, онро сармашќи кори худ ќарор дода, барои амалї намудани вазифањои дар наздамон гузошташуда бо дарки баланди масъулият ва њисси хештаншиносии миллї, ифтихор аз ватандорї љањду талош хоњем кард. Наврасону љавононро дар рўњияи ватандўстию мењнатдўстї, ифтихори баланди ватандорї ва арљ гузоштан ба муќаддасоти миллї тарбия менамоем. Зебонисо НОДИРОВА, омўзгори МТМУ №3-и ноњияи Вахш
3
ХАТЛОН
љумъа, 3 январи соли 2020, №2 (3238)
ЌАРОРИ КОМИССИЯИ ЊАВЗАВИИ ЊУДУДИИ ЯКМАНДАТИИ ИНТИХОБОТИИ БОХТАР №26 ОИД БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАЉЛИСИ НАМОЯНДАГОН аз 23 декабри соли 2019, №2, ш. Бохтар Мувофиќи моддањои 14 ва 16 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон», Комиссияи њавзавии њудудии якмандатии интихоботии Бохтар №26 оид ба интихоботи вакилони Маљлиси намояндагон ЌАРОР МЕКУНАД 1. Барои интихоботи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар њудуди њавза участкањои интихоботї бо тариќи зайл тасдиќ карда шавад. 2. Ќароргоњи Комиссияи њавзавии њудудии якмандатии интихоботии Бохтар №26 оид ба интихоботи вакилони Маљлиси намояндагони шањри Бохтар, бинои коллељи махсусгардонидашудаи шањр, воќеъ дар кўчаи Б.Ѓафуров № 27. ДАР ШАЊРИ БОХТАР Участкаи интихоботии № 1 (Марказаш Кохи Ватан) -2350 интихобкунанда Њудуди участка: хиёбони Вањдат, биноњои истиќоматии №№ 65, 55, 208, 206, 49, 47, 43. Б.Ѓафуров №18,20, 1 май 5, Парамонов, Зебунисо, Макаренко, Г. Норинов № 1, 2, тангкўчаи Г.Норинов, гардиши Г.Норинов, А. Сино №1, А. Ќањњоров № 1, 2, 2А, 10, Фестивалная № 2. Участкаи интихоботии № 2 (Марказаш муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 3, тел: 2-23-88) - 1200 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи А. Рўдакї аз 1 то 34, У.Абдуллоев аз 1 то 40, Л.Толстой аз 1 то 32, А. Ќањњоров аз 1 то 38, В.Убайдуллоев, Лоњутї аз 1 то 63, тангкўча 1 то 5, Пармонќулов аз 1 то 35 ва мањаллаи ба номи Љ.Румї-1. Участкаи интихоботии № 3 (Марказаш бинои хусусии шањрванд С. Султонов, воќеъ дар кўчаи Б.Ѓафуров- 1а, тел: 2-21-55)- 1120- интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи Ш.Камолов, З.Космодемянская, Б. Ѓафуров 4,6,8, кўчаи Фестивалная 39,49,51, хонањои ТР3 №37, хобгоњи коллељи омўзгорї 1,2,4. Участкаи интихоботии № 4 (Марказаш бинои марказии Назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, воќеъ дар кўчаи А. Сино № 6)-890 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи С. Айнї, биноњои истиќоматии №№ 78, 82, 92, 94, А.Сино №№ 10, 12, 14, Фестивалная №15, кўчаи ба номи Ш. Зубайдов, хонањои мањалинишин, кўчаи Вањдат, хонањои мањаллии Вањдат № 67, 69, 70, тангкўчаи Лоњутї. Участкаи интихоботии № 5 (Марказаш Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, тел: 3-39-44)- 2650 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи ба номи С. Айнї, биноњои истиќоматии №№ 53, 55, 57, 59А, 59, 61, 63, 63А, 63Б, 98, 98а, 100а, 100б, 102, 126, 130, 132, 156, 158, Н. Њувайдуллоев, хонањои мањаллї аз 1 то 89, Н.Њувайдуллоев, биноњои истиќоматии №№ 2, 4, 6, 10, 16, Фестивалная, хобгоњи ТРЗ 39, 99, 51, С.Айнї № 67 (хобгоњи донишгоњ), С.Айнї аз 1 то 6, муассисаи ЯТ 9/6 – Сарраёсати иљрои љазои љиноятњои Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон дар шањри Бохтар. Участкаи интихоботии № 6 (Марказаш муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 7, тел: 3-24-77)- 1250 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Хатлон №№ 11, 13, 17, 15, 7, 5, 3, 9А, 9, 39, 10, 28, С.Вализода №№ 2, 4, 6, 8, кўчаи Љавонон аз 1 то 22, кўча ва тангкўчаи А.Љомї аз 1 то 20. Участкаи интихоботии № 7 (Марказаш кўдакистони №1, шањраки Хатлон, тел: 3-17-76, 3-16-70)- 1120 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Хатлон №№ 8, 10, 10А, 33, 37, 35, хонањои мањаллии кўчаи А.Љомї аз №№ 1 -26, А.Љомї бинои № 26, С.Вализода аз 1 то 51, Сомонї аз № 1 то 22, Пирагов аз 1 то 21, Фирдавсї аз 1 то 22, Ш. Кишвардухт аз 1 то 17, И.Кўганов ва Свириденко. Участкаи интихоботии № 8 (пўшида) (Ротаи 2-юми алоњидаи фаврии таъйиноти махсуси ќисми њарбии №3503 –и ќўшунњои дохилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар шањри Бохтар) -282 интихобкунанда Њудуди участка: Пўшида. Участкаи интихоботии № 9 (Марказаш МТМУ № 11, тел: 3-32-69)-1350 интихобкунанда
26-уми апрели соли 1986 дар блоки чоруми Неругоњи барќи атомии Чернобил, воќеъ дар шањри Припяти собиќ Љумњурии Шўравии Украина таркиши бузург ва мудњиштарин дар олам ба амал омад. Онро садамаи Чернобил ном мебаранд ва коршиносону мутахассисон онро љанги сеюми чањон унвонаш карданд. Аз ин таркиш 33 сол сипарї гардида бошад њам, вале ин 33 соле буд, ки хотироти мудњишу мушавваш дар дил мондаву дарду алами љонсўзи танњої ба болои зањру захме, ки дар тани иштирокчиён љой гирифта буд, тану љон ва равони онњоро азият медод. Баъди ба амал омадани ин воќеаи мудњишу љонсўз њељ кас наметавонад худро бехатар њис намояд. Адиб Светлана Алексич дар яке аз нигоштањои хеш бо номи “Дуои Чернобил ” чунин гуфтааст: “Чернобил, ин љанги сеюми љањон мебошад ва мо аввалин шахсоне њастем, ки намедонем ин љанг чї тавр љараён ёфт”. Тибќи маълумоти дар расонањои иљтимої љойдошта, наворњои шабакаи телевизионї, шабакаи телевизионии хориља “МАХ” ва рўзномањо бояд ќайд намоям, ки
Њудуди участка: кўчаи ба номи Борбад, хонањои №№ 23, 25, 27, 29, 25А, 27А, 33, Љ.Румї №№ 2, 2А, 4, 4А, 9Б,4 в 6, 8, 10, 12. Участкаи интихоботии №10 (Марказаш литсейи давлатии «Ориёно»-и шањри Бохтар, тел: 3-19-81)- 1260 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Кайњоннавардон, хонањои №№ 36/16, 40, 40А, 42, 42А, 46, 48, 50, 51, 56, 58. Участкаи интихоботии № 11 (Марказаш литсей барои хонандагони болаёќат)- 1540 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи Борбад № 36, Борбад, хонањои мањаллии №№ 51, 49, 47, 53, 45, Њувайдуллоев, Кайњоннавардон №№ 60, 62, 64. Участкаи интихоботии № 12 (Марказаш МТМУ № 10) – 1120 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Кайњоннавардон №№ 66, 68, 70, 72, 74, 76, 78, 78А, 80, Кайњоннавардон, хонањои мањаллии нав. Участкаи интихоботии № 13 (Марказаш МТМУ № 12, тел: 3-07-35)-2490 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Љ. Румї №№ 1, 3, 5, 7, 9, 11, Борбад 15, 17, 19, 21, Дзержинский №№ 7, 9, 11, 11А, 13, 15, кўчаи Кайњоннавардон 34, 34А, 34Б, 34В, 36, хонаи пиронсолон. Участкаи интихоботии № 14 (Марказаш кўдакистони № 17, тел; 3-17-21) -1025 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи ба номи С. Мирзоев, кўчаи Дўстии халќњо №№ 2, 4, 6, 8, 10, кўчаи Дзержинский №№ 2, 4, 6, Вањдат №№ 31, 33, 35, Борбад № 1, 3А, 5, 7, 9. Участкаи интихоботии № 15 (Марказаш кўдакистони № 16)-1450 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Кайњоннавардон №№ 26, 28, 30, 32, 32А, Дўстии халќњо №№ 16, 18, 20, 22, 22А, 24, 26, 28, 30, 32, 34,38, корхонаи нобиноён. Участкаи интихоботии № 16 (Марказаш МТМУ № 5, тел: 2-54-67)-1280 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Дўстии халќњо №№ 40, 42, 44, 48, 50, 52, 54, 56, 58, 60, 60А, 64, 62, 66, 67, 68, 23 (хобгоњ). Участкаи интихоботии № 17 (Марказаш МТМУ № 9, тел: 2-38-19)-1390 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи 14-ум, кўчањои ба номи Киров, Душанбинская, И. Њалимов, К. Зайниддинов, тангкўчаи Кайњоннавардон №№ 10, 12, 14, 16, 18 ва 20. Участкаи интихоботии № 18 (Марказаш бинои «Тољикматлубот»-и вилояти Хатлон)- 1540 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Кайњоннавардон №№ 2, 2А, 4, 6, Вањдат № 7, 9, 11, Лолазор № 2, 4, Ш. Шоњтемур, биноњои № 1, 3, 5. Участкаи интихоботии № 19 (Марказаш МТМУ № 8) – 1950 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Вањдат, хонањои мањаллї аз Вањдат №№ 50, 52, 52А, 142, 144, 146, 146Б, 148, 148А, 148Б, 150, 154, 156, 156А, 156Б, 158, 176, 176А, 176Б, 180/2, 2, 2Б, хиёбони Вањдат № 166 ва хонањои мањаллї, кўчаи Р.Воњидов, мањаллаи Гулистон. Участкаи интихоботии № 20 (пўшида) (Марказаш бинои Раёсати ќўшунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, воќеъ дар кўчаи Колхозобод-1) – 98 интихобкунанда Њудуди участка: Пўшида. Участкаи интихоботии № 21 (пўшида) (Марказаш бинои комендатураи њарбии гарнизони Хатлон – ќисми њарбии №07256, воќеъ дар кўчаи ба номи Айнї- 16)- 60 интихобкунанда Њудуди участка: Пўшида. Участкаи интихоботии № 22 (Марказаш бинои идораи кишоварзии вилояти Хатлон, воќеъ дар кўчаи С.Айнї № 34, тел: 2-84-56)- 1680 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои Гражданский, М. Осимї, Тургенев, Партсъезд, А. Муъминов-1, А. Муъминов – 2, кўчаи Наврўз, тангкўчаи Наврўз ва С.Айнї – 40, кўчањои 1 ва 2-ум Советский.
Участкаи интихоботии № 23 (Марказаш идораи ба истифодадињии роњњои №8-и ноњияи Кўшониён, воќеъ дар кўчаи ба номи Љ.Абдуллоев-67, шањри Бохтар тел: 2-27-33)- 1490 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи Љ. Абдуллоев №№ 1-127, тангкўчаи Љ. Абдуллоев 1-38, кўчаи У.Хайём 1-112, тангкўчаи У.Хайём 1, 25, пасткўчаи С.Турдиев 1-15, Вањдат №190-196, №№1-17 ва мањаллаи Маданият. Участкаи интихоботии № 24 (Марказаш литсейи касбї-техникии № 9, тел: 2-30-82)- 1540 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои Бањор, Ф. Саидов, Худойбердиев, Парвин, А. Навої, Комсомолская, Б. Ѓафуров аз 1 то 49, Б. Ѓафуров №28, А. Юсуфї аз 1 то 20, Љ. Мирзоќодирова № 17. 26, Б. Ѓафуров-17, С. Айнї (назди аэрокасса), Г. Норинов 20 ва 22. Участкаи интихоботии № 25 (Марказаш МТМУ № 6) – 1650 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи Ф.Саидов – 1, М.Осимї – 1, Наврўз-32, Вањдат – 178/74, С. Айнї №№51, 74, 72, 1, 1-Май № 4, 4А, 6, 8, Љ. Мирзоќодирова № 7, 14, 11, 26, кўчаи Љ. Мирзоќодирова хонањои мањаллї, тангкўчаи ба номи Љ. Мирзоќодирова, С. Айнї № 17, 19, 50, 52, 54, 56 (хонањои барак). Участкаи интихоботии № 26 (Марказаш ТЉММ ДОСААФ-и шањри Бохтар, воќеъ дар кўчаи Љалилов-19) – 1230 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи Љалилов аз 1-113, 8-март аз 1-53, Ќўрѓон -2 аз 1-25 ва Ќазоќон аз 1-92. Участкаи интихоботии № 27 (Марказаш МТМУ № 4, тел: 2-30-03)-1420 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи М.Турсунзода, кўчаи ба номи М.Турсунзода, биноњои № 1, 1А, 3, кўчањои ба номи Ќ.Абдурањимов-1, 2 (хонаи заводи нон), хонањои заводи «Орди Хатлон» №№ 41, 43, 45, А. Расулов № 70, 3, 4, Љ. Мирзоќодирова аз 28 то 102, А. Расулов аз 1 то 98, Ќ. Абдурањимов аз 1 то 34, Ю. Логинов №№ 6, 8, 10, 12, 14, 16, 18, 20 ва тангкўчаи Ю. Логинов аз 7 то 29. Участкаи интихоботии № 28 (Марказаш бинои беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воњидов, тел: 2-24-12)-395 интихобкунанда Њудуди участка: беморхонаи вилоятї. Участкаи интихоботии № 29 (Бинои истиќоматии шањрванд Н. Шарифов, дар мањаллаи Зарбдор 120) – 633 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Зарбдор. Участкаи интихоботии № 30 (Марказаш бинои бунгоњи тиббии мањаллаи Зархез) – 723 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Зархез. Участкаи интихоботии № 31 (Марказаш собиќ бинои «СТО-6»)-2350 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Маданият, кўчањои ба номи З. Баротов аз 1-40, Ш. Њаитов аз 4-20, С. Маллаев аз 1-13, Ќазоќон аз 1-21, Маданият аз 1-140, С. Айнї, бинои № 27 (њуљрадор), С.Айнї № 9-27. Участкаи интихоботии № 32 (Марказаш МТМУ № 14-и мањаллаи Ѓайрат)-2701 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллањои Ѓайрат ва Гулистон. Участкаи интихоботии № 33 (Марказаш бинои хусусии «Бохтариён» шањрванд Исмоилзода А. воќеъ дар хиёбони Вањдат)-780 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Дўстї. Участкаи интихоботии № 34 (Марказаш бинои бунгоњи тиббии мањаллаи Њаёти нав) – 882 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Њаёти нав. Участкаи интихоботии № 35 (Марказаш бинои МТМУ № 13)-1347 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Саричашма. Участкаи интихоботии № 36 (Марказаш Идораи сохтмони асосии
вилояти Хатлон дар мањаллаи Навобод)-827 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Навобод. Участкаи интихоботии № 37 (Марказаш бозори ЉДММ «Њољї Шариф»)-2720 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Њољї Шариф, кўчаи ба номи С. Айнї, хонањои №№ 97, 99, 101, кўчаи ба номи А.Љомї № 26. Участкаи интихоботии № 38 (Марказаш МТМУ № 15) – 1427 интихобкунанда Њудуди участка: мањаллаи Вањдат -1,2,3. ДАР НОЊИЯИ КЎШОНИЁН Участкаи интихоботии № 39 (Марказаш ошхонаи СМП-540) – 2702 интихобкунанда Њудуди участка: Нињолпарварї, СМП-540, дењањои Дмитров ва Озодии мењнат. Участкаи интихоботии № 40 (Марказаш МТМУ №23) – 2566 интихобкунанда Њудуди участка: дењањои Навобод, Гулистон, Хушобиён. Участкаи интихоботии № 41 (Марказаш МТМУ № 35) – 2020 интихобкунанда Њудуди участка: дењањои Њаёти нав, УКЖД, Лесхоз, Калинобод, Лермонтов-1. Участкаи интихоботии № 42 (Марказаш МТМУ № 26)-3000 интихобкунанда Њудуди участка: маркази љамоати шањрак, як ќисми дењањои Боѓпарвар, Лермонтов-2. Участкаи интихоботии № 43 (Марказаш муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии тавонбахшї ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон) – 1650 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Механизатор 1-2, дењаи Боѓпарвар. Участкаи интихоботии № 44 (Марказаш МТМУ №38)-725 интихобкунанда Њудуди участка: дењањои Эргаш, Умарќазоќ, Авлиё. Участкаи интихоботии № 45 (Марказаш тарабхонаи Орзу, дењаи Орзу)-1967 интихобкунанда Њудуди участка: дењањои Орзу 1-2, ПК-46, як ќисми дењаи Боѓпарвар. Участкаи интихоботии № 46 (Марказаш Дастаи таъйиноти махсуси зудамал)-193 интихобкунанда Њудуди участка: Пўшида. Участкаи интихоботии № 47 (Марказаш ќисми њарбии 07017)-686 интихобкунанда Њудуди участка: Пўшида. Участкаи интихоботии № 48 (Марказаш МТМУ № 32)-1117 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Ќизил юлдуз. Участкаи интихоботии № 49 (Марказаш МТМУ № 41)-1381 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Сароб. Участкаи интихоботии № 50 (Марказаш МТМУ № 42)-1564 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Ќањрамон, як ќисми Оќолтин. Участкаи интихоботии № 51 (Марказаш МТМУ № 40)-1733 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Гиёев Маликшо. Участкаи интихоботии № 52 (Марказаш бунгоњи тиббии дењаи Зарбдор)-416 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Зарбдор. Участкаи интихоботии № 53 (Марказаш МТМУ №39)-2409 интихобкунанда Њудуди участка: дењањои Маданият, Свердлов, Давлатов Ѓайратшо. Участкаи интихоботии № 54 (Марказаш Кохи фарњанг)-1336 интихобкунанда Њудуди участка: дењањои С.Фаттоев ва Пахта ќайнар. ДАР ШАЊРИ ЛЕВАКАНТ Участкаи интихоботии № 55 (Марказаш бинои Ќасри фарњанги шањр воќеъ дар маркази шањр)-2371 интихобкунанда
Њудуди участка: кўчањои Борбад, Вахш, Б. Ѓафуров, Н. Абдуллоев, Н. Хусрав, Розия Озод. Участкаи интихоботии № 56 (Марказаш бинои литцейи №1 воќеъ дар кўчаи С. Айнї)-981 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои Розия Озод, Лоњутї, Темурмалик, И. Сомонї. Участкаи интихоботии № 57 (Марказаш бинои муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №2 воќеъ дар кўчаи Зебунисо) – 1665 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои ба номи Зебунисо, С.Айнї, Фирдавсї, А.Љомї, У.Хайём, Њамадонї, Борбад. Участкаи интихоботии № 58 (Марказаш бинои литсейи касбии саноатии кимиёвї воќеъ дар кўчаи Рўдакї)-2460 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои Зебунисо, Б. Рањимзода, Борбад, И. Сомонї, Н. Абдуллоев, хобгоњи ЛКСК. Участкаи интихоботии № 59 (Марказаш бинои КДФ «Хољагии манзилию коммуналї воќеъ дар кўчаи Н. Хусрав)-845 интихобкунанда Њудуди участка: кўчаи Н. Хусрав (27 то 47). Участкаи интихоботии № 60 (Марказаш бинои литсейи №2 дар мањаллаи Обшорон)- 1623 интихобкунанда Њудуди участка: кўчањои Обшорон, И.Аъзам, А.Рудакї, М.Турсунзода, Л.Шералї, С.Шерозї, Истиќлол, Н.Махсум, Ш.Шоњтемур, М. Балхї, Сино, А. Дониш. Участкаи интихоботии № 61 (Марказаш МТМУ №6 дар дењаи Боњтуробод №1)-2072 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Боњтуробод №1. Участкаи интихоботии № 62 (Марказаш бинои муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №13 воќеъ дар дењаи Мењробод)-931 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Мењробод. Участкаи интихоботии № 63 (Марказаш бинои чойхонаи дењаи Боњтуробод №2)-2149 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Боњтуробод №2 Участкаи интихоботии № 64 (Марказаш бинои МТМУ №8 воќеъ дар дењаи Эшонобод)-1222 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Эшонобод. Участкаи интихоботии № 65 (Марказаш бинои МТМУ №7 воќеъ дар дењаи Гулистон)-1691 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Гулистон. Участкаи интихоботии № 66 (Марказаш бинои МТМУ №5 воќеъ дар дењаи Оќгазаи №1) 2874 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Оќгаза № 1. Участкаи интихоботии № 67 (Марказаш бинои МТМУ №9 воќеъ дар дењаи Оќгазаи №2)-873 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Оќгаза №2. Участкаи интихоботии № 68 (Марказаш бинои Идораи шабакањои барќи шањр воќеъ дар кўчаи Борбад)- 3016 интихобкунанда Њудуди участка: дењањои Устотоймас, Навобод, Тољикобод, Њаёти нав, Табаќчї. Участкаи интихоботии № 69 (Марказаш бинои МТМУ №3 воќеъ дар дењаи Вахш)-1200 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Вахш. Участкаи интихоботии № 70 (Марказаш бинои МТМУ №10 воќеъ дар дењаи Заѓертут)-861 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Заѓертут. Участкаи интихоботии № 71 (Марказаш бинои МТМУ №12 воќеъ дар дењаи Истиќлол)- 416 интихобкунанда Њудуди участка: дењаи Истиќлол. Раиси комиссия Котиби комиссия
Ашўрзода А. А. Холов З.
ЧЕРНОБИЛ: САДАМАИ ДАЊШАТБОРИ АСР
Иѓбол Ќаландаров, иштирокчии бартарафсозии оќибатњои садама дар НБАЧ
сабаби ба амал омадани ин таркиш дар он буд, ки рўйпўши реактори энергоблоки 4-ум, ки вазнаш зиёда аз 1000 тоннаро ташкил медод, якпањлу шуда, 4 миллиард кори радионуклидњо, 5 000 кг сўзишвории радиоактивї, заррањои зањрноки вазнин ва фишори дигар моддањои зањролуд рўйпўши биноро вайрон намуд. Бар асари таркиш болопўши бинои энергоблоки чорум ба баландии 11 000 метр ба фазо баромада, ба воситаи шамол 2 маротиба кураи заминро чарх зада, доѓи баланди зањрнок зиёда аз 18 давлати дунё, аз љумла Украина, Белорус, Россия, ИМА, Франсияро пахш ва ба ин зањр олуда намуд. Бинобар ин, он љони њазорњо одамонро рабуд, ки ин бузургтарин садамаи техногенї дар њаёти инсон буд. Аламовар ва боиси таассуф аст, ки шахсон ва иштирокчиёне, ки дар бартарафсозии ин садамаи атомї буданд, имрўз маъюбу нотавон ва ниёзманд ба табобату дастгирии давлату њукуматанд.
Дар бартарафсозии оќибатњои садамаи атомии Чернобил зиёда аз 5000 нафар ќањрамонмардони тољикистонї њам иштирок доштанд. Чї дарднок аст, барои онњое, ки мурѓи орзуву ормонњои эшон дар фазо болшикаста ва ба самти марг равона аст. Мувофиќ ба маълумоти дар расонањои иљтимої љойдошта ва њисоботи оморї, дар натиљаи ин садамаи маргбору дардбарангез беш аз 50 000 нафар маъюб шуда, 137 000 километри муккааб бо гази зањрнок ва мањдудкунандаи њаёт-сезий олуда шуда буд. Њангоми мусоњиба бо ширкаткунандагони бартарафсозии ин воќеаи мудњиш ва ба забон овардани хотироти сангини аз сар гузаронидаашон, ки яке аз онњо Иѓбол Ќаландаров падари нигорандаи ин сатрњо мебошад, тамоми њиссу њастии сомеъ ба ларзиш медарояд ва метавон дар хомўшї ва орази пур аз асрори ин фарзонафарзанд ва ќањрамонмарди баномуси муъминободї тамоми њаводиси баама-
ломадаро дар Чернобил дид. Аз рўи маълумоти мутахассисон, тавоноии таркиши НБА Чернобил аз таркиши бомбаи атомие, ки дар шањри Хиросимаи давлати Япония, ки аз тарафи ИМА партофта шуда буд, 300 маротиба зиёдтар буда, таъсиру зарароварии он тўли 500 сол боќї мемонаду ба таври генетикї аз насл ба насл мегузарад. Имрўз њатто фарзандони иштирокчиёни бартарафсозии оќибатњои садамаи атомии Чернобил радиатсияолудаву носолиманд. Мувофиќи татќиќоти мутахассони соњаи тиб зањре, ки дар батни иштирокчиёни садамаи Чернобил мављуд аст, то ба нуњ насл мегузаштааст. Таассуфовар аст, ки то њол баъзе аз ширкаткунандагони ин садамаи маргбахш оиладор нестанд ва намехоњанд, ки насли носолимро ба дунё биёранд. Дар ин мавзўъ њазорњо гуфтанињост ва аз њазор яке ин аст, ки хуб мебуд роњбарияти шањр ва махсусан, ноњияњо дар љашну маросимњо љойи фиристода-
Рафти бартарафсозии оќибатњои садама
ни як куртаи кўдакона, иштирокчиёни ин садамаи атомиро, ки шумори камашон дар љумњурї мондааст, даъват намуда, бањри хизматњои шоён дастгирї ва сипосу њамд гўянд. Зеро онњо на ба куртаи кўдаконаву гули коѓазин, балки ба рўњбаландии воќеї ниёз доранд. Бахтовар Ќаландаров, рўзноманигор, ноњияи Муъминобод
4
ХАТЛОН
Иљроиши барномањои рушди маориф бењбудї мехоњад Дар љаласаи Шўрои рушди маорифи назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки бо иштироки роњбари дастгоњи раиси вилояти Хатлон баргузор гардид, муовинони соњавии раисони шањру ноњияњо, роњбарияти соњаи маориф ва муассисањои олию миёнаи касбии вилоят ва дигар масъулони соња иштирок доштанд. Љаласаро бо сухани муќаддимавї Ѓ. Сафарзода, роњбари дастгоњи раиси вилояти Хатлон, кушода љињати иљрои дастури раиси вилояти Хатлон оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисањои тањсилоти миёнаи умумии љумњурї бо кабинетњои фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї барои солњои 2018-2020” изњори андеша намуд. Сипас, Исозода Диловаршо, сардори Раёсати маорифи вилоят иттилоъ дод, ки дар давраи
амалишавии ин барнома давоми солњои 2018-2020 дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии вилоят бояд 740 синфхонаи фаннї, аз љумла 88 синфхонаи фанни физика, 76 химия, 74 биология, 89 география, 100-математика, 73-технологияи информатсионї ва 250 синфхонаи фанни суруд ва мусиќї бунёд мегардид. Тибќи маълумоти сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар асоси наќшаи пешбинишуда давоми соли 2018 дар муассисањои таълимии шањру ноњияњои вилоят бояд 123 синфхонаи гуногуни фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї, бо сарфи 3 миллиону 960 њазор сомонї сохта ба истифода дода мешуд. Аммо дар ин давра дар тамоми муассисањои тањсилоти миёнаи умумии вилоят њамагї 25 синфхонаи фаннї ба истифода дода шуд, ки ин 20% наќшаро ташкил медињаду халос. Мутаассифона, дар соли 2019 низ аз иљрои наќшаи бунёди 287 синф-
хонаи таълимї њамагї 42 синфхона сохта мавриди истифода ќарор дода шуд, ки ин 14,6% дурнаморо ташкил медињад. Дар љаласаи Шўрои рушди маорифи назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, њамчунин, сарварони Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, масъулони Раёсати Маркази миллии тестї дар вилояти Хатлон дар мавриди ислоњи камбудињои љойдоштаи соња фикру андешањои худро изњор доштанд. Баъдан Ѓазалшо Сафарзода, роњбари дастгоњи раиси вилояти Хатлон, бобати вусъат бахшидани наќшаи бунёди синфхонањои иловагї ибрози назар намуд. Мавсуф изњор дошт, ки бањри дар сатњи баланд иљро намудани Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисањои тањсилоти миёнаи умумии љумњурї бо кабинетњои фаннї ва озмоишгоњњои муљањњази таълимї барои солњои 2018-2020” захираву имкониятњои зиёд мављуданд. Аз ин лињоз мебояд аз онњо самаранок истифода бурд. Њасан Абдурањимзода, «Хатлон»
Кумак ба хона - интернати куњансолон ва маъюбон Халќи сарбаланди тољик дар њама давру замон ба табаќањои ниёзманд дасти ёрї дароз карда, саховату њимматбаландии ибратомўз нишон додааст. Њукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурўњи иљтимої, аз љумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барљомонда ва оилањои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соњибкорону тољирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторњои давлатї дар амалњои хайру савоб боз њам фаъолона сањм хоњанд гузошт. Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 декабри соли 2019
Дар арафаи Соли нави мелодї дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, ятимон, бепарасторону маъюбон ба њукми анъана даромадааст. Аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, шањру навоњї, ташкилоту муассисањо, шахсони хайрхоњ, соњибкорон пайваста кумакњои моддї ба ин ќишри љомеа расонида мешавад. Ба ин маќсад, аз љониби Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар арафаи Соли нави мелодї ба муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноњияи Ёвон ба маблаѓи беш аз 15 њазор сомонї кумаки моддї расонида шуд. Аз ин дастгирињо бошандагони хона-интернат шоду масрур гардиданд. Дар ин хона-интернат беш аз 131 нафар иќомати доимї доранд. Муассисаи мазкур муассисаи љумњуриявї буда, аз тамоми гўшаву канори Тољикистон намояндагони халќу миллатњои гуногун ба ѓамхорї фаро гирифта шудаанд. Мањмадалї Латипов аз шањри Њисор, Давлатмањмад Шайхмамадов аз вилояти Бадахшон, Сунатулло Камолов аз шањри Норак, Валерий Нестеров аз шањри Душанбе зимни суњбат
миннатдории хешро ба Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон изњор доштанд. Дар њаќиќат, зимни суњбат бо ин пирони рўзгор, нафароне, ки дар рушду нумўи љомеа сањми арзанда гузоштаанд, равшан гардид, ки онњо имрўз низ нисбати ободонии Тољикистон, дастоварду навгонињои миллат, бахусус Сарвари давлат бетавофут нестанд. Рустам Насруллобеков иброз дошт, ки Паёми Роњбари давлатро тавассути телевизион тамошо карда, аз дастгирињои бевоситаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати пирони барљомондаю маъюбон хушњол гардиданд. Олга Гарковская, Людмила Забелина, Владимир Малахов, Лариса Сапригина, ки русзабонанду солњои зиёде дар љомеа сањми хешро гузоштаанд, имрўз низ бо ќалби пур аз фарањ ва шодї нисбати ѓамхорињои беназиру инсонпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сухан мегуфтанд ва таъкид доштанд, ки Тољикистонро дўст медорем, зеро хонаи умеди тољикону
тољикистониён аст. Людмила Забелина бо даъвати фарзандонаш ба Русия меравад, вале мењри Тољикистону самимияти тољикон боз рањнамун месозадаш ба Тољикистон. Шароити хуб барои иќоматкунандагони хонаинтернат фароњам оварда шудааст. Утоќњои барњавову муљањњаз ва муњим аз њама хислатњои неку инсондўстонаи мардуми тољик ва Сарвари тољикони љањон Эмомалї Рањмон водор сохт, ки муаллима бозгардад ба ватани дуюмаш Тољикистони бињиштосо. Садбарг Олимова ва Тоњир Алимов дар хона-интернат бо њам шинос шуда, оила барпо намуданд ва инак, меваи умри онњо Абубакри 4-сола бо волидон дар ин макон сукунат доранд. Дар ин љо барои наврасон низ шароитњо муњайёст. Дар арафаи Соли нав барои онњо арчаи зебое ороста гардидааст. Сардори Раёсати кор бо занони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Рањимзода ва сардори Раёсати тандурустии вилоят Миралї Раљабзода дар баробари кумаки маводњои ѓизої, ба иќоматкунандагони хона-интернат халтањои солинавии пур аз ширинињо таќдим намуданд. Њамагон Соли нави мелодиро зери савту тарона, шодиву нишот таљлил намуданд. Бошандаи дигари хона-интернат Сергей Волков, ки солиёни зиёде дар корхонаи истењсоли яроќ дар собиќ Иттињоди Шўравї кор кардааст ва 20 соли охир дар Тољикистон сукунат дорад, изњор дошт: “Нест бод љанг, нест бод терроризму экстремизм!” Њамин тариќ дар охир тамоми бошандагони ин хона-интернат вањдату сулњу амонї дар Тољикистони азиз ва тамоми оламро таманнои солинавии хеш изњор доштанд. ВАХШОНА, «Хатлон»
Гар дасти фитодае бигирї, мардї Дар пайравї аз дастуру њидоятњои Сарвари давлат бобати дастгирии пиронсолону барљомондагон ва расонидани кумак ба ниёзмандони иљтимої дар арафаи њар љашну маросим идораву ташкилотњо ва соњибкорону шахсони алоњида ба бошандагони Муассисаи давлатии Маркази љумњуриявии тавонбахшї ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноњияи Кўшониён туњфањои идона таќдим менамоянд. Аз љумла, дар арафаи Соли нави мелодї бо ташаббуси Ташкилоти љамъиятии «Пешгирии коррупсия дар Љумњурии Тољикистон» барои бошандагони маркази мазкур хони идона ороста шуд. Муњаммадюсуф Достиев, директори Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии тавонбахшї ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноњияи Кўшониён», зимни суханронии хеш аз таваљљуњу ѓамхорињои доимии Сарвари давлат нисбат ба бошандагони ин муассиса ёдовар шуда, изњор дошт, ки сол аз сол шароити нигоњубину тавонбахшии бошандагони маркази мазкур бењтар гардида истодааст. - Дар ин муассиса 72 нафар бошандагон ба љойи зисту шароити мусоид таъмин мебошанд, ки аз ин теъдод 28 нафарро бонувон ташкил медињанд. Роњбари
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
намояндагии Ташкилоти љамъиятии «Пешгирии коррупсия дар љумњурї» дар вилояти Хатлон Азизулло Соњибов ба маъюбону пиронсолони маркази мазкур кумакњои молиявї таќдим намуда, омодагии доимии худро љињати расонидани кумакњои иловагї ба ин ќишри љомеа изњор намуд. Дар маросими идонаи пиронсолону маъюбон инчунин, роњбари Ташкилоти љамъиятии «Пешгирии коррупсия дар Љумњурии Тољикистон» Субњиддин Муродов суханронї намуда, чунин иброз дошт: “Расонидани кумакњо ба ниёзмандони љомеа идомаи амалисозии он иќдомњои наљибу хайрхоњонаест, ки дар паёмњои њарсолаи худ Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид менамояд. Бинобар ин, дар баробари расонидани кумакњо ба муассисањои давлатии будубоши пиронсолону маъюбон мо дар арафаи њар иду љашнњо ба аёдати шахсони алоњида рафта, ба онњо маводи ѓизої ва маблаѓњои муайян инъом менамоем”. Љ. Сайфиддин, «Хатлон»
љумъа, 3 январи соли 2020, №2 (3238)
Солњои 2019-2021 - Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї
ЊАМШИРАИ ЊУНАРМАНД «Бо ќаноатмандї изњор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиќи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди љомеаи демократї ва њуќуќбунёду дунявї сањми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусњои созандаи онњоро дастгирї менамоем». Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат, 26 декабри соли 2019 Баъзењо андеша доранд, ки барои ба камолоти маънавї расидани зан танњо доштани маълумоти олї кофист. Албатта, соњибилм будан барои зан-модар хуб аст, аммо ба андешаи ѓолиб, муњимтар аз њама барои зан арзишњои волое ба мисоли номус, ор, аќл, фаросат мебошанд. Агар зан соњиби фаросати баланд бошад, ў њам соњибилм мегардаду њам соњибкасб мешавад. Ору номус ва виљдони ў намегузорад, ки пеши касе сар хам созад. Хушбахтона, сафи чунин занони соњибмаърифату бофаросат дар ватани азизи мо кам нестанд. - Ман њам, ба мисоли дигар занони њунарманди хатлонї, шогирди фариштаи хонадонамон - модари азизам њастам, - мегўяд Сафиямоњ Шокирова, сокини мањаллаи Синои шањраки Њамадонии ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї. - Охир ваќте њар рўз дастони гулрези ўро медидам, чї гуна метавонистам бењунар бошам? Бояд бигўям, ки аввалин ќулфи истеъдоди маро бо калиди муњаббату садоќат модарам кушодааст. Модарам њамеша таъкидам мекард, ки агар зан соњиби фаросати баланд набошад, аз уњдаи њељ кор намебарояд ва дар зиндагї хушбахт њам намешавад. Њамин буд, ки Сафиямоњ аз модар, пеш аз њама, фаросат, озодагию нафосат ва њунари кадбонугї омўхт. Зебоиофарию озодагї як љузъи зиндагии модараш буд. Вай то имрўз њар субњ њамроњи келинњо аввал ба абрўвонаш ўсма мемолад, то субњи эшон бо зебої оѓоз гардад. Дар баробари ин, ба озодагии хонаю дар ањамият медињад. Шукри онро мекунад, ки арўсони хонавода низ аз оилањои тарбиятдида њастанд ва зуд равиши хонадории ўро аз худ карданд. - Агар гўям, ки њамсолони модари ман ва насли онњо ќариб њама ба худ њунаре доштанд, хато намекунам, - идома дод Сафиямоњ. - Њама
медонанд, ки дар замони љавонии мо бењунарии духтарро айб мешумориданд. Калимаи «наметавонам» ё «лозим нест», ё ин ки «намехоњам аз худ кардан»-ро духтарон ба забон намеоварданд. Дар омода кардани љињози арўсї наќши дастони арўс ва модари арўс њатмї буд. Аз њамин хотир, ман њам аз ин ганљи бебањо, яъне мероси модар, бебањра намондам. Аммо Сафиямоњ бо вуљуди соњиби њунар буданаш дар дил орзуи табиб шуданро дошт. Соли 1973 Омўзишгоњи тиббии шањри Кўлобро сарбаландона хатм намуд. Баъди оила барпо намудан, тавлиди шаш фарзанд ва тарбияи онњо, иљрои кору бори хона, инчунин дар беморхонаи сироятии ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї тўли ќариб чил сол ба њайси њамшираи тиббї кор кардааст. Дар ин миён ваќтњои холигї ба дўхтани болишт барои арўсию домодии фарзандонаш машѓул мешуд, то ин ки њунари омўхтааш ва пандњои шањдрези модарашро аз ёд набарорад Баъди солњои зиёди чун њамшираи тиббї фаъолият кардан Сафиямоњ Шокирова нињоят ба нафаќа баромад. Аммо нафаќа баромадан барои ў маънии бознишастагиро надорад. Барои тансињатї ва оромии асабњо, ба андешаи ин зани соњибкасбу соњибњунар, андармон шудан ба ягон кори фоидабахш бењтар аст. - Акнун ба суханони модарам сарфањм рафтам, ки мегуфт: «Њунарро барои рўзи мабодо омўхтан даркор аст, чун инсонро њамеша бардам нигоњ медораду њељ гоње инсонро ба хорї намерасонад», -ба ёд меорад Сафиямоњ. Аллакай шаш сол мешавад, ки Сафиямоњ ба нафаќа баромадааст, аммо ўро на фаќат њамчун њамшираи тиббї дар ноњияашон эњтиром мекунанд, балки чун як зани фаъоли мањалла, бонуи њунарманд, устоди дањњо шогирд мешиносанд. Шогирдони Сафиямоњ на фаќат келину
духтарњояш, балки љавондухтарон ва занњои мањалла мебошанд. Сафиямоњ аз рўйи њамон равияе, ки модараш амал мекард ва таъкид менамуд, ки дар баробари илм омўхтан њунаромўзї низ муњим аст, имрўз амал мекунад. Ќисме аз шогирдони Сафиямоњ омўзгорони љавони ноњия мебошанд. Онњо забонњои хориљиро омўхтаанд, дар баробари ин ба њунар њам шавќи беандоза доранд. Ин зани соњибкасбу иззатманд аз њунари чакандўзї сар карда, то тоќию болишт, кокулу чодарї, ќуроќию дањњо њунаре, ки хоси зани тољик аст, аз уњдааш мебарояд. Сафиямоњ бо вуљуди он ки имрўзњо шастуњафт сол дорад ва ќариб чињил сол чун њамшираи шафќат дар хизмати мардуми ноњия буд, њоло њам мехоњад дастгиру мададрасони занони мањали хеш бошад. Умедворем, ки сафи чунин заноне, ки ба синну сол нигоњ накарда, пайваста дар хизмати мардуманду дар корњои ободонї, њунаромўзї, созандагї наќши фаъол доранд, боз њам бештар гардад. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Наќши дастони кандакор Кандакорї яке аз бењтарин намунаи њунари мардумии халќи тољик буда, асосан, ба зебу оро додани иморатњо ва сохтани баъзе ашёи рўзгор, ба монанди сандуќ, дару тиреза,љевон, кат, мизу курсї ва ѓайра марбут аст.
Њунари кандакориро асосан ба ду гурўњ људо мекунанд: кандакории халќї ва касбї. Кандакории халќї бештар дар баъзе дењањо ривољ ёфта, авлод ба авлод рушд меёбад. Њунармандони тољик бештар аз чўбњои арча, зардолу, чанор, тут, чормаѓз истифода бурда, наќшњои њандасї, исмилї ва тасвирњои љонваронро низ кандакорї мекунанд. Бостоншиносон намунаи ќадимии кандакории
чўбиро дар шањрњои Панљакенту Истаравшан пайдо кардаанд, ки ба асрњои VII-VIII тааллуќ доштааст. Дар ќарнњои X-XIV катибањоро во хўрдан мумкин аст, ки онњоро дар сутунњо, дарњо ва пештоќи айвонњо сабт мекарданд. Њоло њам дар пештоќи масљидњо ва дар гирди мењробу минбар наќшањои кандакорї ба чашм мерасад, ки бо њуруфоти арабї оятњо аз Ќуръони карим наќшканї карда
шудааст. Дар шањру навоњии вилояти Хатлон низ ин њунар таърихи тўлонї дорад. Дар ноњияњои Вахш, Љалолиддини Балхї, Шањритуз, Кўлоб ва дигар минтаќањо њунармандони чирадасту моњир њастанд, ки идомадињандаи ин њунари асили ниёгонамон мебошанд. Боиси ифтихор ва фарањмандист, имрўзњо љавонони зиёде њастанд, ки ба кандакорї майлу раѓбат дошта, бо диди тоза ба ин њунар менигаранд ва то њадди имкон онро рушд дода метавонанд. Идибек Имомалиев, як тан љавони њунарманд, ки зодаи ноњияи Вахш мебошад, имрўз аз ин њунар њам ном ва њам нон ёфтааст. Њарчанд дар оилаи онњо касе ба ин њунар машѓул набошад њам, ў мекўшад, ки нозукињои кандакориро аз дўстону рафиќонаш омўзад. Маќоли бисёр машњури тољикон «Дасти худро бўса кун, миннати мардум макаш»-ро ин соњибњунар дар зиндагї сармашќи кору шиори худ медонад ва њељ гоњ дастнигари касе нест. Ин љавони соњибњунар, инчунин, донишљўи соли чоруми Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Идибек ба воситаи њунари
омўхтааш аз уњдаи таъмини худ баромада, то љое тавонад ба волидон низ кумак мекунад. Худи ў мегўяд, ки касе ўро дар омўхтани ин њунар маљбур накардааст. Танњо аз рўи завќу хоњиши зиёд пайи омўзишу аз худ намудани ин њунари аљдодї шудааст. Идибек Имомалиев устои серкор аст. Пас аз дарс ба сўйи устохонае, ки он љо кор мекунад, мешитобад ва мувофиќи фармоиши мизољон ба сохтани сутун, сандуќ, кату љевон, дару тиреза, лавњ, рахти хоб ва дигар ашёи рўзгор машѓул мешавад. Бо ин њама ташвишу серкорї Идибек кўшиш мекунад, то дар чорабинињои фарњангии донишгоњ фаъолона ширкат варзида, њунару истеъдоди худро нишон дињад. Њарчанд худ љавон аст, аммо шогирдони зиёдеро чун кандакор тарбия намудааст. Дар оянда Идибек наќшањои зиёде дорад, ки яке аз онњо муаррифии њунараш мебошад. Мо ба Идибек ва љавонони ба нангу номусе ба мисли ў, ки ба ин касб машѓуланд, барору комёбї мехоњем. Муњаббати САФАРМУРОД, коромўзи «Хатлон»
Мушоњида
Табибони ободгар Бузургон гуфтаанд, ки бењтарин даво сухани хуш ва муомилаи хуби табиб ба бемор мебошад. Ба назари ман шароит ва муњит низ ба саломатї ва кори табиб таъсири хубе дорад. Ин њикматњоро кас баробари вориди беморхонаи клиникии вилоятї ба номи Бўрї Воњидов шудан мушоњида мекунад. Як шиноси наздикам дар ин беморхона бистарї шуд. Дар арафаи Соли нав ба аёдаташ рафтам. Ваќти вориди беморхона шудан аввал ободониву бунёдкорињо ба чашм мерасад. Рўйи њавлї ва гирду атрофи беморхона манзарањои бањорро мемонад. Аз дастони ободгари табибон ин љо гулрезу сабзапўш шудааст. Кормандони тиб дастаљамъона ба њашар баромада, ба нармкунии бехи дарахтон, нињолу гулшинонї, сафедкунии дарахтон машѓул буданд. Аз ободкорињо ва сохтмони биноњои иловагї табъи кас болида мегардад. Дар ин росто хизматрасонии босифати тиббии духтурону њамширањои шафќат ва хушмуомилаву ширинсуханї, чењраи кушода онњоро масус бояд ќайд кард. Онњо дар табобати беморон кўшиши зиёде мекунанд. Дар ин њама пешравию дастовардњои соња масъулияти баланди кор ва ободу тозакорињо зањмати сарвари ин муассиса Алихон Нурализода бештар ба чашм мерасад.
Гарчанде ман бо ў боре њамсуњбат нашудаам, аз тартиби корбарии ин инсони шариф ба хулосае омадам, ки ў њам табибу ободгар ва њам ватандўсту зебоипараст аст. Дар беморхона бо иќдомњои сардухтур ба табибон шароитњои хуби корї муњайё карда шудааст. Беморону корафтодагон аз хизматрасонии тиббии онњо ќаноатманданд. Нафаре ки ба аёдати бемор меояд, метавонад дар курсиву соябонњои дар сањни њавлї сохташуда истироњат кунанд. Ободониву сабзкорї ва бунёдкорињо ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба сомон расонда шудааст. Дар доираи Солњои 20192021 - Солњои руши дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї ба љумњурии зебои мо, ки дар арсаи байналмилалї шуњрат дорад, мењмононсайёњони хориљї меоянд. Аз ин рў, ба ободонї ва созандагї таваљљуњи бештар мебояд. Онњо аз одобу ахлоќи баланд, ободонии диёр, истиќболи хуш ба мо бањо медињанд.
Миннатдории худро ба њар як шахсе, ки барои ободонии ватани азиз-Тољикистон сањм мегузоранд, бо мисраъњои зерини шеърї баён медорам: Дасти пурхайрат набинад дардро, Дарси ибрат додаї сад мардро. Коми мо ширин кардї дар њаёт, Хонаи гармат набинад сардро. Изатшоњи Мансур, ноњияи Кўшониён
ТАЪЗИЯ
Ањли эљоди рўзномаи вилоятии “Хатлон” бинобар даргузашти сармуњаррири рўзномаи “Истиќлол”-и ноњияи Темурмалик Сабзалї Боронов сахт андуњгин буда, ба наздикону пайвандони марњум аз даргоњи Худованди карим сабри љамил хоњонанд.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Саттор ЌАРАХОНОВ Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 2.01.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10300 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муњосибот: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896