Skip to main content

Хатлон шумораи №1-2020

Page 1

Соли нави 2020 муборак, њамдиёрони азиз!

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №1 (3237)

Чоршанбе, 1 январи соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

«Соле, ки сипарї шуда истодааст, дар таърихи Тољикистони соњибистиќлол бо дастоварду пешравињои ноилшудаи халќамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиќи чорабинињои “Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуњлати рушди Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” љињати расидан ба њадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд». Пешвои миллат Эмомалї Рањмон

Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бахшида ба Соли нави мелодии 2020

Њамватанони азиз! Мо дар арафаи фарорасии Соли нави мелодї - соли 2020 ќарор дорем, ки онро бо ќалбњои саршор аз умеду орзуњои нек њамчун соли навбатии марњалаи созандагиву бунёдкории вилоят ва Тољикистони азизамон истиќбол мегирем. Воќеан, Соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморї тааллуќ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо ќадами хуљастаи худ њамеша хушнудиву хушњолї меорад. Мо - мардуми тољик дар гузашта аз рўйи таќвиму солшуморињои суѓдиву зардуштї ва баъдан хуршедиву њиљрї зиндагї мекардем ва дар давоми ду асри охир аз солшумории мелодї истифода бурда, мувофиќи он фаро расидани соли навро расман љашн мегирем. Тавре ки Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии мамлакат иброз доштанд, соле, ки сипарї шуд, дар таърихи Тољикистони соњибистиќлол бо дастоварду пешравињои ноилшудаи халќамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Дастовардњои иќтисодию иљтимоии кишвар дар соли 2019, ки дар натиљаи корбурди сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ва азму талоши сокинони фарњангпарвар, ободгар ва њимматбаланду зањматпешаи вилоят ба даст омаданд, бешубња, аз ояндаи неки давлати соњибистиќлол ва миллати тамаддунсозу ободгарамон башорат медињанд. Дар арафаи Соли нав натиљагирї кардан аз бурду бохтњои соли сипаришаванда ва тарњрезии наќшањо барои соли оянда барои мо ба њукми анъана даромадааст. Ба ин маънї, агар ба роњи паймудаи мардуми Тољикистони соњибистиќлол дар соли рафта назар андозем, итминон њосил мекунем, ки соли 2019-ум дар вилояти Хатлон соли вусъати корњои созандагиву бунёдкорї, иќдому ташаббусњои наљиб ва густариши

Дастовардњои соли 2019 беназиранд (Таассурот аз Паёми Президенти кишвар ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон)

МАРДУМИ САРБАЛАНДИ ХАТЛОНЗАМИН РАВАНДИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРИРО ДАР СОЛИ 2020 ВУСЪАТ МЕБАХШАНД худшиносиву худогоњии миллї буд. Соли 2019 дар њаёти иќтисодию иљтимоии вилоятамон бо сафарњои кории Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњои вилоят ва бо зањмати содиќонаву ватандўстонаи сокинони вилоят, мавриди истифода ќарор гирифтани садњо иншооти иљтимоиву хизматрасонї ва корхонаву коргоњњои нави истењсолї хотирмон мебошад, ки њамаи ин омилњо ба рушди минбаъдаи соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти вилоят мусоидат хоњанд кард. Боиси тазаккур аст, ки мањз аз баракати сулњу суботи комил, вањдату сарљамъии миллат ва талошу зањматњои пайгиронаи мардуми вилоят, дар соли 2019 нишондињандањои иќтисодии вилоят дар муќоиса бо солњои ќаблї афзуд. Нишондињандањои иќтисодї афзоиш ёфта, маљмўи мањсулоти минтаќавї дар сатњи 7,0 фоиз таъмин гардид. Имрўз 31,2 фоизи њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ва 51,5 фоизи њаљми мањсулоти умумии кишоварзї дар сатњи љумњуриро њиссаи вилояти Хатлон ташкил медињад. Танњо дар зарфи 11 моњи соли 2019 ба буљет 1 миллиарду 327 миллион сомонї маблаѓ ворид гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 126 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар ин давра гардиши савдои хориљии вилоят ба 345,5 миллион доллари амрикої баробар гардид, ки аз ин 166,4 миллион доллар содироти молу мањсулот ва 179,1 миллион долларро воридот ташкил медињад. Дар 11 моњи соли 2019 њаљми мањсулоти умумии кишоварзї дар вилоят ба 13,4 миллиард сомонї расонида шуда, афзоиши он нисбат ба нишондињандаи њамин давраи соли гузашта 1 млрд. 64 миллион сомонї ё 8,6 фоизро ташкил дод. Корхонањои саноатии вилоят дар якљоягї бо бахши хусусї соли сипаришуда ба маблаѓи 7,7 миллиард сомонї мањсулоти саноатї истењсол намуда, њаљми истењсолро нисбати 11 моњи соли гузашта ба андозаи як миллиарду 5 миллион сомонї зиёд ва суръати афзоишро дар сатњи 15 фоиз таъмин карданд. Дар доираи наќшаи чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба таљлили сазовори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар 11 моњи соли 2019 дар вилоят 76 корхона ва коргоњњои истењсолї бо 781 љойи нави корї мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Умуман, дар доираи омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї дар ќаламрави вилоят бунёду азнавсозии 7300 иншооти таъиноти гуногун пешбинї гардидааст, ки то поёни соли 2019 аллакай нисфи ин иншоотњо мавриди бањрабардорї ќарор гирифтаанд. Боиси ифтихор аст, ки 9 сентябри соли сипаришуда дар таърихи давлатдории навини Тољикистон боз як рўйдоди муњиму таќдирсоз ба вуќўъ пайваста, ќадами устуворе барои расидан ба истиќлолияти комили энергетикї гузошта шуд. Мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани агрегати дуюми Неругоњи барќи обии “Роѓун”, ки фарзанди истиќлолу озодии Ватани мањбуби мо мањсуб мегардад, мамлакати моро ба истиќлолияти энергетикї наздик кард. Баъди пурра ба истифода додани неругоњ дар кишвар дањњо корхонаи хурду бузурги саноатї бунёд ва њазорњо љойњои нави корї таъсис хоњанд ёфт ва Тољикистони мањбуби мо дар миќёси олам ба ќатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад. Њар соли нав дар заминаи уфуќњо, наќшањои нав ва оян-

Дар партави Паём

дабиниву дурнамои тозаи иќтисодиву иљтимої тарњрезї мегардад. Итминонам комил аст, ки дар соли 2020 низ дар доираи омодагињо ба таљлили сазовори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар баробари њифзи истиќлолияту соњибихтиёрии давлат ва тањкими давлатдории миллї, тамоми неруи худро бањри таќвияти фазои сулњу субот дар љомеа ва идомаи корњои созандагиву бунёдкорињои зиёд равона хоњанд кард. Дар пайравї ба Пешвои муаззами миллат мо њамаи њадафњои неки пешгирифтаи давлату Њукумати мамлакатро тадриљан амалї мегардонем ва зиндагии осудаи мардуми сарбаландамон ва ободии Ватани азизамон – Тољикистони соњибистиќлолро таъмин мекунем. Набояд фаромўш кард, ки ояндаи дурахшони Тољикистон ба татбиќи њадафњои стратегии давлат, яъне бунёди иншооти хурду бузурги энергетикї, роњњову шабакањои замонавии коммуникатсионї, таъмини амнияти озуќаворї ва рушди устувори иќтисодиву иљтимоии мамлакат вобаста мебошад. Барои татбиќи ин њадафњои наљиби стратегї, ки њамаи онњо дар маљмўъ ба тањкими давлатдории миллиамон мусоидат хоњанд кард, вазифаи њар фарди вилоят њаст, ки дар назди Ватан-Модар рисолати фарзандї ва масъулияти шањрвандии худро содиќонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муќаддасамон кўшишу талоши пайваста намоянд. Тавре ки огањї доред, соли 2020 дар њаёти сиёсиву иљтимоии мамлакатамон соли муњим, интихоботи вакилон ба маљлисњои мањаллї ва маќоми олии ќонунгузори мамлакат - Маљлиси намояндагон баргузор хоњад шуд. Дар ин маъракаи муњими сиёсї моро зарур аст, ки фаъолона иштирок намуда, бањри рушди устувори сиёсати давлатамон ба номзадњои арзанда ба тариќи шаффоф раъйи худро дињем. Шубњае нест, ки мардуми шарифи вилоят ва њар як фарди бонангу номуси ватан дар соли омадаистода низ ба хотири татбиќи барномањои стратегии миллиамон ва наќшаву ниятњои неку созандаамон азму талоши ватандўстонаи худро бештар намуда, барои боз њам афзун гардонидани иќтидори иќтисодии давлати соњибистиќлоли Тољикистон, баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањолї ва дар арсаи байналмилалї боло рафтани нуфузу обрўи Тољикистони озоду соњибихтиёрамон зањмату кўшиши ободгаронаи худро дучанд хоњанд кард. Мутмаинам, ки мардуми шарифу сарбаланди Хатлонзамин дар пайравї ба Пешвои муаззами миллат раванди созандагиву ободкориро дар соли 2020 вусъат бахшида, љињати тањкими иќтидори иќтисодї ва мустањкам гардонидани пояњои давлатдории миллиамон вазифаи фарзандї, рисолати инсонї ва ќарзи шањрвандии худро дар назди Ватан-Модар бо дасту дили пок, зањмати содиќонаву софдилона адо менамоем ва барои ободу зебо гардонидани Ватани мањбубамон пайгирона саъю талош меварзем. Бо њамин ниятњои нек њамватанони азизро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки соли нав барои Тољикистони азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалї гардидани орзуву њадафњои созандаи њамватанонамон гардад. Соли нави мелодї муборак, њамдиёрони азиз!

Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон фаъолияти иќтисодї, фарњангї, рушди тамоми љабњањои хољагии халќи мамлакатро дар давоми њафт соли охир, яъне аз соли 2013 то 2019 муайян кард. Маълум гардид, ки зањматкашони кишвар дар ин давраи таърихї ба комёбињои барљаста ва беназир соњиб шуданд. Дар ин давра маљмўи мањсулоти дохилї афзоиш ёфта, дар дигар самтњо дигаргунињои кўллї ба амал омадаанд. Бахусус, дар самти истиќлолияти энергетикии кишвар дигаргунињои шоиста ба даст омада, агрегати дуюми НОБ “Роѓун” бо мувафаќќият ба истифода дода шуд. Ин љањиши бузург дар соњаи энергетикаи тољик њисоб меёбад. Солњои пеш дар фаслњои тирамоњу замистон мардуми кишвар аз танќисии барќ азият мекашиданд. Шукри роњбарии оќилона ва дурбинонаи Сарвари давлат дар ин самт корњои бузурге ба сомон расид. Имрўз, хушбахтона, дар тамоми фаслњои сол бо барќ таъминем. Албатта ин, барои Тољикистони мо дастоварди беназир аст. Сарвари давлат ба тамоми соњањо диќќати махсус зоњир менамояд. Аз љумла, соњаи маориф, таълиму тарбияро дар мактабњои тањсилоти њамагонї ва олї масъалаи калидї номид. Зеро бе илму маърифат љомеаи шањрвандї рушд намеёбад. Сарчашмаи тамоми комёбињо, пешравињо, дигаргунињои бузург дар аксар соњањо рушди илму дониш, истифодаи самараноки техникаву технологияи нав, ихтироъкорї, навоварї, бозёфтњои инноватсионї мебошад. Роњбари давлат Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторњои дахлдорро уњдадор кард, ки ба сифати таълиму тарбия диќќату эътибори аввалиндараља дињанд. Дар мактабњо барои муайян кардани истеъдодњои нав мунтазам олимпиадањои мактаббачагонро аз рўи фанњои даќиќ гузаронида, соњибистеъдодњоро муайян намоянд. Њамзамон, хонандагони бењтарин барои касбу њунаромўзї аз љониби давлат, барои тањсил ба донишкадањои давлатњои хориљ фиристода шуда, ба сифати кадрњои баландихтисос дар Тољикистон эътибори љиддї медињанд. Њамчунин, таъкид гардид, ки мавќеи падару модар дар тарбияи фарзанд арзанда мебошад. Бинобар ин, ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бояд диќќати љиддї дода шавад. Аз њама муњимаш, таъкид кард Роњбари давлат, диќќати толибилмонро бештар ба мутолиаи китоб љалб намоем. Зеро мутолиаи китоб љањонбинии толибилмонро васеъ карда, дараљаи донишу фањмиши онњоро пайваста афзоиш медињад. Маќсади Роњбари давлат, Њукумати Љумњурии Тољикистон мунтазам баланд бардоштани дараљаи зисту зиндагї ва некуањолии мењнаткашон њисоб меёбад. Ба њамаи табаќањои љомеа ањамияти махсус дода, аз љониби давлат ѓамхорињои беназир зоњир карда мешавад. Шумораи пирони барљомонда, бепарасторон, ятимони кулл дар љумњурї њанўз кам нест. Барои тарбиятгирандагон, эњтиёљмандон, маъюбон аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон мунтазам ѓамхорї зоњир карда мешавад. Дар баромадаш Сарвари давлат таъкид кард, ки бо ин маќсад сол аз сол маблаѓњои маќсаднок бештар људо мегардад. Њамчунин, пешбинї гардидааст, ки аз моњи сентябри соли 2020 нафаќаи шањрвандон ва музди мењнати кормандон то 15 фоиз, музди мењнати кормандони соњаи њарбї то 10 фоиз зиёд карда меша-

вад. Ин тадбири муњим кормандони ин соњањоро рўњбаланд намуда, дасту дили онњоро ба кори пурсамар гарм месозад. Роњбари давлат ваќти тањлили њафтсола бо далелњо исбот кард, ки дар њамаи соњањо пешравињои хурсандибахш ба амал омада, аз тарафи давлат маблаѓњои калон људо гардидааст. Масалан, нисбат ба соли 2013 чандин маротиба зиёд маблаѓњо дар соњањои маориф, тандурустї, њифзи иљтимої ва ѓайра људо гардидааст, ки ин аз ѓамхории рўзафзуни Сарвари давлат дарак медињанд. Пешвои миллат эълон намуд, ки њар сол дар кишвар озмуни љумњуриявии “Тољикистон-ватани мањбуби ман” гузаронида шуда, ѓолибони сазовор мукофотњои арзанда мегарданд. Ин гувоњї он аст, ки дар рушду нумўи кишвар дар ќатори зањматкашон зиёиёни тољик низ сањми муносиби хешро мегузоранд. Имрўз ба манзарањои дилпазирї пойтахт-шањри Душанбе нигариста шод мешавем. Гулгашту хиёбонњои зебо, биноњои баландошёна ба њусни шањр њусни тоза илова кардааст. Донишу донишкадањо, мактабњо, муассисањои илмї ва дигар биноњои хуштарњу замонавї солњои охир сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин њуснбахши пойтахти кишвар мебошад. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар бобати рушду нумўи кишвар мисолњои зиёди ибратбахш оварда, пешнињод намуд, ки ин дастовардњои беназир ба хориљиён муаррифї карда шавад. Вазорати корњои хориљї ва дигар вазоратњои марбута дар ин самт корњои назаррасро анљом дињанд. Њамчунин, зикр гардид, ки 4 пешнињоди Љумњурии Тољикистон дар бораи “Об барои рушди устувор” аз љониби Созмонњои байналмилалї љонибдорї ёфтанд. Ин иќдомњоро љањониён омўхта, аз он истифода мебаранд. Президенти кишвар ёдовар шуд, ки солњои охир табиат, иќлими сайёра таѓйир ёфта, беш аз њазор пирях дар ќаторкўњњои Помир об шудааст. Ин моро водор мекунад, ки ба омўзиши пиряхњо, истифодаи самараноки об аз њарваќта дида бештар диќќату эътибор дињем. Пешвои миллат аз њаёти соњибкорон мисолњои арзандае овард, ки бо иќдоми наљибонаи онњо дар њудуди мамлакат садњо муассисањои фарњангї, тандурустї, мактабу маориф, майдончањои варзишї сохта ба истифода дода шудааст. Дар оянда як силсила муассисањои томактабї, мактабњои тањсилоти њамагонї, бунгоњњои тиббї, муассисањои тандурустї, хонањои истироњатї барои калонсолон ва маъюбон, майдончањои варзишї барои наврасон сохта ба истифода медињанд. Роњбари давлат бо камоли шодмонї дар хусуси шоњроњњои байналмилалии наќлиётї дар кишвар њарф зада, таъкид намуд, ки дар Давлати Исломии Афѓонистон боз як пули дигар сохта мешавад. Ин ва дигар шоњроњњо, пулњо ба содироти молу мањсулот ба хориљи кишвар имконияти васеъ фароњам меоваранд. Дар охир њаминро бояд таъкид намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон тамоми зањматкашони Тољикистонро даъват намуд, ки барои сазовор истиќбол гирифтани 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон корњои пуршукўњро анљом дода, ин љашни таърихиро бо дастовезњои муносиби мењнатї ва бо рўњбаландї истиќбол гиранд. Б. САЙДАЛИЕВ, «Хатлон»


2

ХАТЛОН

Чоршанбе, 1 январи соли 2020, №1 (3237)

Таќдир

ДАСТОВАРДЊОИ СОЛИ 2019 Саноат

Дар соли аввали марњилаи гузариш аз кишвари аграрї-саноатї ба кишвари саноатї-аграрї дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон 53 корхонаи саноатї ба фаъолият оѓоз намуданд, ки аз ин 13 корхонаи калон ва 40 корхонаи хурди истењсолї мебошанд. Њамчунин, дар ин давра дар заминаи љамъиятњои сањомии мављуда 23 коргоњи навбунёд истењсоли мањсулоти гуногуни ниёзи мардумро ба роњ мондаанд. Тибќи иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, аз 53 корхонаи нави

саноатї, 13 адади он ба коркарди пахта ва нахи он равона гардида, 6 корхонаи дўзандагї, аз љумла, корхонањои љўробу дўхти сарулибоси мактабї, 3 корхонаи коркарди шир, 3 корхонаи коркарди гўшти мурѓ, коргоњњои истењсоли равѓану маводи доруворї, инчунин мањсулоти сохтмонї мебошанд. Дар умум, дар ин корхонањо 614 нафар шањрвандон бо љойњои корї таъмин гардидаанд. Бинобар иттилои манбаъ дар соли 2019 шумораи корхонањои саноатии вилоят ба 592 адад расидааст, ки аз ин теъдод 62 адади онро корхонањои гуногуни хизматрасонии коммуналї ташкил медињанд. Дар соли сипаригардида корхонањои саноатии вилояти Хатлон ба маблаѓи 7 миллиарду 700,3 миллион сомонї мањсулот истењсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 бо нархњои муќоисавї 12,7 дарсад зиёд аст. Љамолиддин Сайфиддинов

Маориф Соли 2019 дар доираи корњои ободонию созандагї бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањру ноњияњои вилоят 12 муассисаи таълимии нав, 6 бинои иловагї дар назди муассисањои таълимї ва дар назди 89 муассисаи таълимї, 521 синфхонаи иловагї барои 25008 љойи нишаст дар ду баст мавриди истифода ќарор дода шуд. Илова ба ин, 10 муассисаи томактабї дар шањру ноњияњои Кўлоб, Мир Сайид Алии Њамадонї (2 ададї), Бохтар, Восеъ, Данѓара, Кўшониён, Муъминобод, Шањритуз, Балљувон (1 ададї) ва дар шањри Левакант як муассисаи томактабии хусусї ба истифода дода шуд. Дар ин давра дар муассисањои таълимии шањру ноњияњои вилоят 795 маркази рушди кўдак таъсис дода шуд, ки нисбати соли 2018-ум 55 марказ зиёд буда, ба бењтаршавии омодагии хонандагон ба синфњои ибтидої мусоидат менамояд. Соли 2019 аз 47,1 њазор нафар (21,5 њазор нафар духтар) хатмкардагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањру ноњияњои вилоят 1087 нафар (2,3%) ба хориљи кишвар, 25,6 њазор нафар (54,3%) тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбии љумњурї дохил шуданд. Ин нишондињанда нисбати соли тањсили 2300 нафар ( 6,9 фоиз) зиёд мебошад. Дар соли 2019 хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањру ноњияњои вилояти Хатлон дар њаракати олимпиадањои љумњуриявї, байналмилалї ва фосилавї ширкат намуда, сазовори 267 љой, аз он љумла, 52 медали тилло, 61 медали нуќра ва 154 медали биринљї гардиданд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 84 медал зиёд мебошад. Њамзамон, бо ќарори раиси вилояти Хатлон барои дастовардњои шоён дар тањсил, аз љумла, бо аттестати аълои равиявї ва медали тилло хатм кардани муассисаи таълимї дар соли 2019 се нафар хатмкунанда њар яке бо 10 њазор сомонї ва директорони муассисањои таълимї бо 3000 сомонї мукофотњои пулї сарфароз гардонида шуданд.

Тандурустї Дар соли 2019 дар вилоят 65 муассисаи тандурустї сохта ба истифода дода шуданд, аз инњо 18 маркази саломатии дењотї, 50 бунгоњи саломатї ва беморхонањо буда, бо таљњизоти муосири тиббї муљањњаз гардонида шудаанд. Дар давраи њисоботї ба муассисањои соњаи тандурустии шањру ноњияњои вилоят 18 автомашинаи ёрии таъљилї дастрас гардид. Инчунин, ду адад автомашинаи сайёри флюрографии тамѓаи “КамАЗ” барои марказњои зиддисили вилоятии минтаќањои Бохтару Кўлоб ба маблаѓи 3,2 миллион сомонї дастрас карда шуд. Бо маќсади баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонии тиббї ба ањолї бо ќарори раиси вилоят беморхонаи вилоятии клиникии ба номи А. Њаќназаров ба

Беморхонаи бисёрсоњавии ба номи А. Њаќназаров табдил дода шуда, ва њамзамон маркази перенаталї ва Муассисаи давлатии “Маркази вилоятии клиникии беморињои дил” дар шањри Кўлоб мавриди истифода ќарор дода шуд. Соли 2019 бо маќсади рушди соњаи тандурустї, баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонии тиббї, савияи дониши касбии кормандони соња ва њавасманд намудани кормандони соњаи тандурустии вилоят ќарори раиси вилоят “Дар бораи таъсиси Љоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино” ба тасвиб расид ва соли равон 6 нафар табибон соњиби ин љоиза гардида, онњо бо Шањодатнома ва мукофоти пулии раиси вилоят, ба њар кадоме дар њаљми 5000 сомонї, сарфароз гардонида шуданд.

Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар њар як суњбату мулоќотњои хеш, албатта, аз бузургии зан-модар, ки офарандаи одаму олам ва зебої буда, дар тарбияи фарзандон, барпо намудани оилаи солим, рушди миллату давлат хизмати шоиста дорад, њарф мезанад. Пешвои миллат дар Анљумани XIII ЊХДТ, аз 13 декабри соли 2019, њамчунин њангоми ироаи Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2019 бо як эњсоси волои падарона ва њамчун Сарвари ѓамхору мењрубони мардумпарвар аз як тан бонуи дорои иродаи шикастнопазиру ќавї, сокини ноњияи Восеъ Саодат Хољаева ёдовар шуда, ба ў сад офарин хонду ситоишаш кард. Саодат маъюби модарзодї аст ва ба ин нигоњ накарда, орзуњояшро амалї менамояд. Ў бо њукми таќдир, яъне бо иллати модарзодї, мањрум аз як даст ва дасти дуюм то оринљ кўтоњи бепанља ба дунё омад. Бо кумаки модари бузургвораш хатту савод баровард, касб омўхт, оилаи намунавї барпо карда, фарзандони солењ ба дунё овард. Ба оянда нигоњи нек дораду устуворона гом зада, нафъаш ба љомеа мерасад, дар рушди ободии кишвар, эњёи њунарњои мардумї сањми арзанда гузошта меояд ва њаёташ ибратбахшу амалу рафтораш намуна аст. ... Умархону Тохташ ба умеди зиндагии ширин оила бунёд карданд. Бо гузашти ваќт дар оила писараки дўстрўяк ба дунё омад. Шодиву хурсандии љавонон њаду канор надошт. Аз чї бошад, ки Умархон бештар таваллуди духтарро орзу мекард. Инро чунин маънидод мекард: “Духтар, аслан мењрубону ѓамхор, дилсўзу дардошно, ќобилу мењнатї мешавад. Аз њама муњимаш, ў падардўст, яъне дўсти падар аст. Њамин тавр, як духтари ќобил љойи сад писари ноќобилро мегирад”. Соли 1974 ў ба ин орзуяш расид. Худованд ба онњо духтаре њадя намуд. Аз шунидани ин хабар мард кўдаквор шодї мекард. Њатто аз чашмонаш донањои

Соли 2003 Саодат бо амри таќдир бо Тољиддин Мањмадалиев, сокини ноњияи Восеъ, оила бунёд кард. Бахташ хандид. Тољиддин Мањмадалиев, ки худ љанговари башардўст буд ва дар барќарорсозии Љумњурии Исломии Афѓонистон ширкат варзида, дар сангарњои хунин вазниниву сардињои зиндагиро чашида буд. Борњо бо марг даст ба гиребон шуда, аз имтињони љиддї, љасорат, инсондўстї гузашт. Дар оиладорї низ устувору содиќ буд. Онњо бо гузашти солњо соњиби 3 писари дўстрўяк гардиданд. Саодат Хољаева дар тарбияву нигоњубини фарзандон, пўхту паз, шустушўй машѓул буд ва нигоњубини хушдоманаш момои Гулдастамоњи 88-соларо низ ба уњда дошт. Ў натанњо бо

Бахти босаодати Саодат ашк љорї шуд. Вале таќдир онњоро ин дафъа сахт имтињон кард. Дар оилаи омўзгор, сокини дењаи Сомончии ноњияи Фархор Умархон Хољаев тифлаке ба дунё омад, ки як даст надошту дасти дигараш низ маъюб буд. Зан мехост ин њодисаи ѓайриодиро аз шавњар пинњон дорад. Вале, њайњот, офтобро бо домон пўшонда нашуд. Модар шабонарўзї дар сари гањвора ба љигарбандаш алла мегуфту ашк мерехт, ки ояндаи ин тифлаки бегуноњ чї мешавад ва ў чї тавр ба сахтиву баландињои зиндагї тоб меоварда бошад. Падар, ки омўзгор буду соњибфарњанг, ба таќдир тан дода, бо сад умед ба ин тифлаки маъсум Саодат ном нињод. Аз Яздони пок илтиљо менамуд, ки ин гулѓунчаи њаёти онњо дар боѓистони умрашон муаттару сабзу шукуфон бошад ва пайваста њамсарашро таскин медод, ки ба таќдир тан дињад. Аз ин њадяи илоњї шукр гўяд. Ў як пора ќалби онњост, аз ў рў гардонда наметавонанд. Ба духтараш таълиму тарбия дињад, њунар омўзонад, то дар гирдоби зиндагї дарнамонад. Солњо сипарї гардиданд. Саодат калонакак шуд. Нигоњи атрофиён нисбати ў яксон набуд. Дар мањал баъзењо бо назари дилсўзї, нафаре бо њайрат ва ашхоси бадтинату айбљў бо тамасхур нигоњ мекарданд. Саодат аз ин њама дилшикаста намешуд. Бо мењнат ва њунари волояш миёни њамсолон фарќ дошт.

як дасти маъюб, балки бо пойњояш кору бори рўзгорро ба сомон мерасонид. Яъне пойњояш кори ду дастро иљро мекарданд. Бар замми ин, дар сањро мењнат мекард. Худованд ба Саодат сабру тањаммул, бурдбориву мењнатќариниро арзонї додааст. Ба хотири ободии хонадону тарбияи фарзандонаш дањчанд зањмат мекашид. Солњо чун турнањои осмонї яке аз пайи дигаре парвозї гардиданд. Саодат њам дар хона, њам дар њунар миёни дигар бонувон фарќ дошт. Тавре ки шавњараш Тољиддин иброз дошт, Саодатро барои мењнатї будану поккориаш дўст медорад. Бо њамин тани маъюб он ќадар зањмат мекашад, ки баъзе занони ба ќавле чор ишкелашон дуруст, ин корњоро ба анљом расонида наметавонанд. Хушдоманаш Гулдастамоњ низ аз Саодат ќаноатманд буда, пайваста дуои некаш медињад, ки ў чусту чолок ва модари мењрубону зављаи ѓамгусор аст. Оид ба таќдири ин зани боирода, ки таљассумгари модари мушфиќ, мењнатї, кордида, њунарманд, муњим аз њама њаётдўсту зиндадил аст Асосгузори сулњу вањадти миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон низ баланд доданд. Дар чорабинињои љумњуриявї нисбати матонату иродаи шикастнопазири Саодат Њољаева борњо таъкид доштанд. Воќеан, Саодат ки модари се фарзанд - Орзу, Шариф ва Њамза мебошад, аз Роњбари дав-

Варзиш Варзишгарони вилояти Хатлон дар соли 2019 дар 103 чемпионат ва мусобиќањои варзишии љумњуриявї ширкат варзида, сазовори 590 медали тилло, 554 медали нуќра, 788 медали биринљї, гардиданд. Инчунин, варзишгарони вилоят дар 27 мусобиќаи байналмилалї ширкат варзида, 34 медали тилло, 25 медали нуќра ва 44 медали биринљї, њамагї 103 медал ба даст оварданд. Бахшида ба љашни 30-юмин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ќаламрави вилоят сохтмони 300 майдонча ва 80 толори варзишї ба наќша гирифта шудааст. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

шуд. Ба ў 12 сотих замини наздињавлигї ва 1 гектар замин барои кишти ѓалла људо карда шуд. Њамчунин, аз љониби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Рањимзода ва сармуњаррири рўзномаи вилоятии “Хатлон” низ кумакњои моддї расонида шуд. Бо ибтикори раиси ноњияи Восеъ Шарбатулло Азизулло хонаи Саодат таъмиру тармим ёфта истодааст. Зимни суњбат бо ањли хонадони Саодат Хољаева равшан гардид, ки аз љониби Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон барои Саодат як адад мошинаи љомашўї ва як адад мошинаи дарздўзї ва аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ашёи рўзгор, аз ќабили ќолину зарфњои зарурї ва аз Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар минтаќаи Кўлоб дар њаљми 1000 сомонї маводи ѓизої кумак намуданд. Худованд ба Саодат бахту шодии инсониро фаровон додааст. Саодат дарвоќеъ саодати хонадони хеш гардидааст. Њамзамон зебоипараст асту њунарманд. Дар њунари кашидадўзї њамто надорад. Дар баробари корњои рўзгордорї ба дўхтани сўзаниву болиштњои гулдўзї, чакан ва бофтани либосњои гарм машѓул мешавад. Њунари волои Саодат хонадони наварўсонро зебу зиннат мебахшад. Дар

Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолиро зарур аст, ки сифати тањсилот ва касбомўзиро дар муассисањои таълимї бењтар созад ва ихтисосу њунарњоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, љињати ба шуѓл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирњои иловагиро роњандозї намояд. Аз Паёми Пешвои миллат Эмомалї Рањмон, 26 декабри соли 2019

1107 нафар соњиби љойи кор шуданд

Фарњанг Дар соњаи фарњанги вилоят соли 2019 дастовардњо назаррас буда, шумораи муассисањои фарњангї 20 адад афзуд. Дар вилоят 882 муассисаи фарњангї, аз љумла 489 китобхона, 296 муассисаи клубї, 3 филармонияи халќї, 5 театри халќї, 3 театри касбї, 26 боѓњои фарњангї-фароѓатї, 20 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат, 12 ансамбли тарона ва раќс, 3 ансамбли касбии вилоят фаъолият доранд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 9 муассисаи фарњангї, 1 ќасри фарњангї бо шароитњои муосир дар ноњияи Данѓара бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон, 1 осорхонаи таърихї-кишваршиносї аз њисоби шањри Левакант, 1 боѓи фарњангї-фароѓатї аз њисоби ноњияи Дўстї, 1 клуби дењотї аз њисоби ноњияи Панљ, 1 китобхонаи дењотї аз њисоби ноњияи Хуросон, боѓњои фарњангї-фароѓатии ба номи Мир Сайид Алии Њамадонї, ба номи Сайдалї Вализода, боѓи миллии Сомониён, боѓи “Хатлон” ва гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шањри Кўлоб ва ба номи Р. Мўрчаев дар шањри Бохтар зиёд гардид, ки ба истироњати шањрвандон мусоидат намуда истодааст. Инчунин, дар ин давра гулгашту хиёбонњо, дар шањру ноњияњои Норак, Балљувон, Ховалинг, Данѓара ба истифода дода шуда, корњои омодагї бањри бунёди гулгашт дар шањри Бохтар ва дигар ноњияњо идома дорад. Соли 2019 барои рушду ободонии боѓњои фарњангї-фароѓатии вилоят аз љониби соњибкорон ба маблаѓи 33,8 миллион сомонї, аз њисобњои буљавї ба маблаѓи 3,2 миллион сомонї равона карда шудаанд.

лат, раиси вилояти Хатлон, раиси ноњияи Восеъ ва масъулини Љамоати дењоти ба номи Худоёр Раљабов сипосгузор аст. Њине ки аз хонадони ин модари љасур дидан намудем, аз љониби раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода маводи ѓизої. аз ќабили орд, равѓан, шакар, биринљ, картошка ва ѓайрањо кумак расонида

Дар 11 моњи сипаригардида шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Фархор 1107 шањрванди бешуѓлро бо љойи корї таъмин намудааст, ки аз ин шумора 669 нафарашон бонувон мебошанд. Масъулину кормандони шуъбаи мазкур бањри дар амал татбиќ гардидани Барномаи давлатии мусоидат ба шуѓли ањолї пайваста тадбир меандешанд. Тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї ва такмили љараёни рушди босамари захирањои мењнатї, ташкили курсњои кўтоњмуддати касбомўзї, такмили ихтисос ва бозомўзии шањрвандони бешуѓлро ба роњ монда, дар ин муддат 270 нафар аз њисоби оилањои камбизоат ба омўзиши касбї ва бозомўзии ањолии бешуѓл дар курсњои ќуроќдўзї, ќаннодї, зардўзї, дўзанда, порагар, адрасбоф, либосдўз ва ѓайра фаро гирифта шуданд. Њамчунин, 90 нафар ба корњои љаъмиятї сафарбар гардиданд. Дар ин раванд расонидани хизматњои машваратї ва кумаки молиявї ба шањрвандони бекор, ки хоњиши фаъолияти соњибкориро доранд, тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї ва бо маќсади њифзи иљтимоии шањрвандони бекор дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз љониби шуъбаи Агентии шуѓли ањолї дар ноњия ба 39 нафар оилањои камбизоат, ки ба соњибкории хурду миёна, чорводорї, тиљорат, хољагии ќишлоќ, соњибкорї дар бозори марка-

зии ноњия кумакњои молиявї дода шудааст. Њамзамон 297 нафар шањрвандони бекори ба шуъба мурољиаткарда, ба ќайд гирифта шуда, ба онњо кумакпулї барои бекорї таъйин карда шудааст. Тавре ки роњбари шуъба Дилором Љўразода таъкид дошт, тибќи баргузории ярмаркањои љойњои кори холї ва вазифањои озод 108 нафар ба касбомўзї ва 142 нафар ба кори доимї љалб карда шудаанд. Айни замон 544 нафар бекорон дар ќайди шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолии мењнат истодаанд, ки онњо шањрвандони аз муассисањои ислоњї озодшуда, аз хизмати њарбї баргашта, касбомўзони курсњои кўтоњмуддат мебошанд. Дар арафаи Соли нави мелодї дар ноњияи Фархор боз як корхонаи дўзандагї ба фаъолият оѓоз намуд. Корхонаи тозабунёд бо дастгоњњои њозиразамон муљањњаз гардида, дар онњо гулдухтарону бонувони соњибкасб ба дўхтани либосњои миллї, мактабї ва дигар анљомњо машѓуланд.

Тавре ки масъулин баён доштанд, дар корхона 25 нафар дар як баст бо љойи корї таъмин гардидаанд. Дар њаќиќат, бунёди корхонаи мазкур имкон фароњам овард, ки бонувони мањаллї бо љойи кор таъмин ва сатњи рўзгорашон бењтар гардад. ВАХШОНА, «Хатлон»

ќалби поку беолоишаш зебоии табиати нотакрори ватан нуњуфтааст, ки дар кашидадўзињояш ин зебоињоро баръало эњсос намудем. Дар њаќиќат, эълон гардидани Солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї ба ќалби Саодати њунарманд низ шодиву фарањ љо намуд. -Ин иќдоми Роњбари давлат сариваќтї аст,- таъкид дошт Саодат. -Зеро эњё ва рушди њунарњои мардумї имкон фароњам меоварад, ки њазорњо нафар занони хонанишин бо љойи кор фаро гирифта шаванд ва њунарњои волои ниёгон аз насл ба насл, аз аср ба аср љовидон монад. Зимни суњбат бо ин зани боњунар, зиндадил, оиладўст бори дигар эњсос намудем, ки занони тољик дар њаќиќат њунарманданд, нексириштанд, покизарўзгоранд ва шукргузоранд. Ањсан ба Саодат Хољаева барин заноне, ки дар зиндагї роњи худро дарёфтаанд. Дар чорсўи зиндагї аз барору нобарорї, пастиву баландињои рўзгор нањаросиданд, дилсарду дилшикаста нагардида, барои ояндаи неки фарзандон љањду талош доранд. Ин аст оини зиндагї, ин аст гурдофариди њаёт, ки барои некрўзии фарзандону њамсафари умраш - Тољиддин талош дорад. ... Ваќте ки мо аз назди Саодат мерафтем, дар чашмонаш донањои ашк њалќа зада, мисли торњои кашидадўзињояш ба рўяш љорї шуданд. Донањои умед буданд он ашкњои Саодат. Ў мехост боз лањзае бо мо дар суњбат бошад, дунёи худро бароямон кушода дињад. Мо низ мафтуни суњбатњояш шудем, Худо хоњад боз ба суњбаташ меоем. Зеро аз њар њарфи ў, амали некаш, њунари волояш як љањон маънї бардоштем. То боздид, Саодати њунарманди босаодат! А. САФАРОВА, «Хатлон»

ЃОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ВАТАНРО БИШНОС» Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва телевизиони Тољикистон бахшида ба Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї озмуни љумњуриявї тањти унвони «Ватанро бишнос»ро аз рўи 5 номинатсия, аз љумла акси бењтарин, навори бењтарин, гузориши бењтарин, филми мустанади сайёњї ва бозёфти муаллиф эълон намуда буд. Озмуни мазкур дар шањри Дўшанбе љамъбаст ва натиљагирї карда шуд. Дар миёни кормандони ВАО кормандони Раёсати муассисаи давлатии «Тољикфилм» дар вилояти Хатлон Далер Шарифов дар номинатсияи «Навори бењтарин» ѓолиби љой дуюм ва Усмон Билолї дар номинатсияи «Бењтарин филми мустанади сайёњї» соњиби љойи сеюми озмун гардиданд.

Дар вазъияти тантанавї аз љониби намояндагони Њукумати Љумњурии Тољикистон ба Далер Шарифов ва Усмон Билолї диплом ва мукофот таќдим карда шуд. «Хатлон»

Муъминобод. Моњї фаровон мешавад Дастгирињои пайвастаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, њамзамон имтиёзњои навбатї бањри рушди соњаи моњипарварї кишоварзонро рўњбаланд гардонид ва дар минтаќаи Кўлоб кишоварзон истењсоли гўшти парњезии моњиро афзоиш додаанд. Аз љумла, дар обанбори ноњияи Муъминобод, ки њанўз соли 1959 барои обёрии заминњои кишти ноњияњои Муъминободу Кўлоб ва Восеъ бунёд гардида, иќтидори лоињавиаш 30 миллион метри мукааб обро ташкил медод, моњипарварї ривољу равнаќ дода мешавад. Корхонаи воњиди давлатии “Моњии тољик” вобаста ба шароиту имконот ба ин обанбор барои парвариш дар марњилаи аввал моњичањоро равона сохтааст. Сардори идораи бењдошти замин ва обёрї Давлат Набиев зимни суњбат бо мо чунин иброз дошт: «Зимни сафари кории хеш ба ноњияи Муъминобод Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба масъулон бањри истифодаи самараноки обанбор супориш дод, ки парвариши моњї ба роњ монда шавад. Ба ин маќсад, ба обанбори мазкур 700

њазор моњича оварда шуд» Ба гуфти мутахассисони соња айни замон ѓунљоиши обанбор аз 25 то 27 миллион метри мукааб

обро ташкил медињад ва вобаста ба иќлими минтаќа дар он парвариши се намуди моњї аз љумла, пешонасафед, заѓорамоњї ва амури сафед ба роњ монда шудааст. Дар соли 2020 дар обанбори мазкур се баробар зиёд моњича парвариш карда мешавад, ки ба ин васила нархи мањсулоти парњезї дар бозору марказњои савдои кишвар паст хоњад гардид. Ш. Сафарзода


Зарур аст, ки дар соли 2020 ва солњои минбаъда шароити инфрасохтори сайёњї дар њамаи мавзеъњои сайёњї бењтар карда, сатњу сифати хизматрасонї боз њам баланд бардошта шавад. Пешвои миллат Эмомалї Рањмон

Хатлон - минтаќаи сайёњї Дар соли 2019 дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон зиёда аз 1980 иншооти гуногуни хизматрасонї бунёд ва мавриди истифода ќарор дода шуд. Дар давраи Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї дар вилоят бунёди 7 њазору 138 иншооти гуногуни хизматрасонї ба наќша гирифта шудааст, ки аз ин дар ду соли охир 3136 адади он аллакай сохта ба истифода дода шудааст. Бинобар иттилои Шамсулло Соњибов, мудири шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, соли љорї, њамкории масъулони соња бо ташкилоту муассиса ва раёсату шуъбањои дахлдор дар самти рушди соњаи сайёњї натиљањои судманд ба бор овард. Дар ин давра фењристи ёдгорињои фарњангї, бостонї, монументалї, меъморї ва шањрсозї тањия гардида, дастраси масъулон шуд. - Имрўз сомонаи алоњидаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст, ки он барои таъмини сайёњони дохилу хориљ бо маълумотњои гуногуни шањру ноњияњо наќши муњим мебозад. Тавре Ш. Соњибов иброз дошт, имрўз дар њудуди вилояти Хатлон 14 ширкати сайёњї фаъолият менамоянд. Бинобар маълумоти масъулони соњаи шањру ноњияњо давоми 11 моњи соли 2019 ба вилояти Хат-

лон 202 њазору 776 нафар сайёњон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 18 њазору 344 нафари онњо сайёњони хориљианд.

- Дар соли 2019 бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, љињати муаррифии мавзеъњои сайёњии вилоят 70 номгўи роњнамову маълумотномањо оид ба мавзеъњои таърихию фарњангї, осорхонаву дигар мавзеъњои сайёњатбоби шањру ноњияњои вилоят бо забонњои тољикї, русї, англисї омода гардид. Њамзамон, дар ин давра бо љалби њазорон нафар хонандагону

донишљўёни муассисањои таълимї ва кормандону сокинони ќишрњои гуногуни вилоят як ќатор озмуну конфронсњои илмї ва семинару машваратњои омўзишї баргузор гардид, - иброз дошт мудири шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Ш. Соњибов. Тибќи иттилои манбаъ айни замон дар ќаламрави вилояти Хатлон 795 ёдгориву мавзеъњои таърихї-фарњангї бостонї ва монументалї, 101 мењмонхона, 36 осорхонаву 64 мавзеъњои сайёњї, 37 адад

истироњатгоњу осоишгоњњо, 121 тарабхона, 58 чойхонаву 69 маѓозаи фурўши армуѓонњои миллї, 97 зиёратгоњ, 33 боѓњои фарњангї - фароѓатї, 20 марказњои иттилоотии сайёњї ва дигар иншооти гуногуни маишї арзи вуљуд доранд, ки барои мењмонону сайёњони дохилу хориљї хизмат мерасонанд. С. Љамолиддин, «Хатлон»

Соли муш соли пешравињои мешавад Соли нави 2020 аз рўйи мучал соли муш аст. Таърих нишон медињад, ки дар солњое, ки ба мучали муш рост меоянд, сарфи назар аз мушкилоти иќтисодї, дар Тољикистони мо рушди соњањои мухталифи хољагии халќ ба ќайд гирифта шуда, ќадамњои устувор дар роњи таъмини сулњу субот гузошта мешаванд. Аз љумла дар солњои 1996 ва 2008, нишон дод, ки тањти сиёсати оќилона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон Тољикистон аз он давра то имрўз ба пешрафти чашмгире ноил шудааст. Соли 1996 на танњо вазъи амниятї бењбуд мехост, балки вазъи иќтисодиии Тољикистон низ дар њоли таназзул буд. Андозњо сариваќт љамъоварї намешуд, танњо дар соли 1996-ум 6,9 миллиард рубл андози даромади корхонањо, 1,2 миллиард рубл андози истифодаи замин ба буљет дохил нагардид. Норасоии буљет аз њисоби андозњо то 1 ноябри соли 1996-ум 14,7 миллиард рублро ташкил дод. Кам шудани даромад боиси он шуд, ки касри буљет, аз љумла, ќарзи напардохтани музди кор, љубронпулї, сарфу харљ барои нигоњ доштани сохторњои интизомї ва сохтмони асосї то охири сол 9,2 миллиард рублро ташкил дод. 12 сол баъд Тољикистони мо аз як кишвари љангзада аллакай ба давлати рў ба инкишоф мубаддал ёфт, ки далели зањматњои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон аст. Соли 2008 мардуми кишвар љашнњои бузург ва таърихии худ - 17-солагии Истиќлолияти давлатї, Соли бузургдошти забони тољикї, 1150-солагии султони шоирони аљам - устод Рўдакиро таљлил карданд. Ин љашнњои бузурги милливу давлатї ба тањкиму густариш ёфтани худогоњиву худшиносї, вањдати миллї, эњсоси гарми ватандўстиву ватандории њар як фарди Тољикистони азиз ва ободу зебо шудани сарзамини аљдодиамон мусоидат намуд. Дар ин сол бо вуљуди сардии тўлонї ва бесобиќаи зимистон, камобиву хушксолї, камбудии шадиди неруи барќ ва болоравии нархњои сўзишвориву маводи ѓизої нишондињандањои иќтисодии кишвар раванди мусбат пайдо карда, маљмўи мањсулоти дохилї нисбат ба соли 2007-ум 8 фоиз зиёд шуд ва њаљми афзоиши он дар

давоми панљ соли охир 46 фоизро ташкил намуд. Њамчунин, даромади солонаи ањолї 34 фоиз, музди миёнаи мењнати њар як корманд 28 фоиз, њаљми миёнаи нафаќа ќариб 2 маротиба афзуд; музди мењнати кормандони соњањои тандурустї 60 фоиз, илм, фарњанг ва муассисањои њифзи иљтимої 50 фоиз, маориф ва дигар соњањои буљетї 40 фоиз, маоши кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомї ќариб 2 маротиба зиёд гардида, дар давоми сол, дар маљмўъ, беш аз 104 њазор ва дар панљ соли охир зиёда аз 510 њазор љойњои нави корї ташкил карда шуданд. Љињати таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат сохтмони хатти интиќоли барќи 200-киловолтаи «Лолазор - Хатлон» соли 2008-ум пурра ба итмом расид. Бо маќсади ба муомилоти ќонунї ворид намудани маблаѓњои ѓайрирасмї ва амволи ба ќайд гирифтанашуда, пешгирї намудани амалњои коррупсионї ва сўистифодаи ин маблаѓњо ва молу мулк, аз љониби Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Тољикистон Ќонун «Дар бораи авфи шањрвандон ва шахсони њуќуќии Љумњурии Тољикистон бинобар ќонунигардонии молу мулк» ќабул шуд. Дар натиља, аз 1 январи соли 2008 то 1 июли соли 2009 зиёда аз 87 њазор адад моликият ќонунї гардонида шуд, ки маблаѓи умумии онњо ќариб 5 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Авфи маблаѓњо ва молу мулк аз тарафи давлат имкон дод, ки шањрвандон бе зикри сарчашмањои даромади худ маблаѓ ва молу мулки хешро ќонунї гардонида, њамзамон бо ин, дар пешрафти иќтисодиёти кишвар иштирок намоянд. Њамакнун, 11 соли дигар сипарї шуду боз мучали муш фаро расид. Соли 2020 Тољикистони мањбуби моро пешрафтњои чашмгири дигар интизор аст. Мардуми кишвар бо пайравї ба ташаббусњои бунёдкоронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бањри таљлили сазовори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон бо азму љањди беш аз пеш мењнат карда, шиори љовидонии «Тољикистон, ба пеш!»-ро дар амал татбиќ хоњанд кард. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

ЊАМАДОНЇ. 196 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД Дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї 50 иншоот ќомат афрохта, то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон 196 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад. Дар ноњия бо маќсади дар сатњи баланд таљлил намудани 30-солагии Истиќлолияти давлатї аллакай як ќатор иншооти љашнї, аз љумла, дар шањраки Москва бинои маъмурии Њизби Халќии Демократии Тољикистон, маркази хизматрасонии «Омина», дар дењаи Тагноби Љамоати дењоти “Даштигуло” майдончаи варзишии футболи хурд, нуќтаи шустушўйи

3

ХАТЛОН

Чоршанбе, 1 январи соли 2020, №1 (3237)

мошин ва дар дењаи Навободи Љамоати дењоти “Мењнатобод” дорухона, мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Маркази хизматрасонии «Омина» бо шароити муосир бо харљи 400 њазор сомонї аз тарафи соњибкори мањаллї Хушнуд Чиллаев ќомат афрохта, дар натиља 20 сокини мањаллї соњиби љойи кори доимї гарданд. Марказ дуошёна буда, дорои маѓозаи хўрокворї, дорухона, нуќтаи хизматрасонии филиали БДА «Амонатбонк», толори арўсї, кошонаи њусн ва дандонпизишкї мебошад.

Бо иќдоми соњибкори мањаллї Фарњоди Абдуназар майдончаи варзишї барои футболи хурд бо сифати баланд сохта шуд, ки маблаѓи он беш аз 200 њазор сомониро ташкил дод. Машраб Сафаров, соњибкори мањаллї, нуќтаи шустушўйи мошинро ба маблаѓи 190 њазор сомонї ифтитоњ намуд. Баробари ин, мумфаршкунии 6,8 километр роњњои мошингарди дохили дењаи Гулободи дењоти Мењнатобод ба анљом расид.

Аз таърихи солшуморињо Солшуморї ва таќвимњо дар таърих ањамияти баѓоят калон доранд. Воќеањои таърихї дар њаёти инсоният бо њамин раванд исбот карда мешавад. Солшуморї ва таќвимњо хеле бисёранд. Дар ибтидо аксарияти давлатњои ќадим таќвим ва солшуморињои худро доштанд. Шоњ ба сари давлат меомад, аз њамон рўз солшумории худро љорї мекард, њамин ки шоњ вафот кард, шоњи нав боз солшумории нави худро љорї мекард. Бо мурури замон таќвиму солшуморињои нав пайдо мешуданд. Дар манотиќи Шарќ ва Ѓарб имрўз се солшуморї истифода мешавад: томелодї, мелодї, њиљрї (шамсию ќамарї).

Солшумории томелодї

Оѓози ин солшуморї дар таърих то имрўз аниќ карда нашудааст, лекин охири ин солшуморї маълум аст. Он дар охири њазораи якуми пеш аз мелод ба охир мерасад. Ба ин бояд ањамият дод, чунки солшумории томелод аз зиёд ба сўи камшавї сурат мегирад. Масалан аз 1000, баъд соли 999, 998, 997 ва њамин тариќ, то соли 1пеш аз мелод ба охир мерасад. Солњои њаёти Искандари Маќдунї, ки пеш аз мелод буд, ин тавр љавоб мегирад: 356 п.а.м-323 п.а.м. Муњорибаи Спитамен ба муќобили Искандар: солњои 329 п.а.м-327 п.а.м. Дар ањди ориёињои ќадим солшумории зардушти маъмул буд Ин таќвим дар баъзе навоњии Осиёи Марказию Эрон дар нимаи њазораи 1 п.а.м љорї гардидааст. Ин солшумории ягонаи форсзабонон набуда, ѓайр аз он боз солшумории форси ќадим, суѓдї, хоразмї ва яздигурдї вуљуд доштанд.

Солшумории мелодї

Солшумории мелодиро аз рўзи мавлуди Исо пайѓамбар оѓоз кардаанд. Ин солшумориро имрўз дар аксар мамолики љањон, аз љумла Тољикистон истифода мебаранд. Ѓайр аз солшумории масењї боз солшумории григорианї, ки соли 1582 Папаи Рим Григории Х111

љорї карда буд, инчунин солшумории яздигурдї, ки шоњи охирини Сосониён Яздигурди 111 соли 632 дар ќаламрави давлати худ љорї карда буд, мављуданд.

Солшумории њиљрї

Ин солшуморї аз рўзи њиљрати њазрати Расули Акрам аз Макка ба Мадина вобаста аст, ки он мутобиќан ба 16 июли соли 622 милодї рост меояд. Он ба ду ќисм таќсим мешавад: солшумории њиљрї - ќамарї ва њиљрї шамсї. Моњњои солшумории њиљрї- ќамарї ба моњњои солшумории мелодї баробар намеоянд, зеро њар моњ мутаносибан аз 29-30 иборат буда, дар маљмўъ як соли њиљрии ќамарї ба 354 рўзу 11 соат баробар мебошад. Соли њиљрїќамарї њар соле 10-11 рўз пеш оѓоз мешавад.

Номи моњњои соли њиљрї-ќамарї чунин аст: 1.Муњаррам 30 рўз 2.Сафар 29 рўз 3.Рабеъ-ул-аввал 30 рўз 4.Рабеъ-ус-сонї 29 рўз 5.Љимоди-ул-аввал 30 рўз 6.Љимоди-ул-охир 29 рўз 7.Раљаб 30 рўз 8.Шаъбон 29 рўз 9.Рамазон 30 рўз 10.Шаввол 29 рўз 11.Зулќаъда 30 рўз

Соли 2019 дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї”, 875 нафар шањрвандон бевосита ба роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон мурољиат намудаанд. Аз ин шумора 556 нафарашон дар рўзњои ќабул рў ба рў бо Ќурбон Њакимзода, раиси вилояти Хатлон арзу дархости худро изњор карданд. Њамчунин, дар ин давра, 319 нафар шањрвандон аз тарафи муовинон ва роњбари дастгоњи раиси вилоят ќабул карда шудаанд. Бинобар иттилои С. Шарифзода, мудири шуъбаи мурољиат ва ќабули шањрвандони дастгоњи раиси вилояти Хатлон, тибќи љадвали ќабули сайёри шањрвандон дар шањру ноњияњо ва љамоатњои шањраку дењот, роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят сафари корї намуда, арзи шањрвандонро дар асоси ќонунњои амалкунанда њаллу фасл кардаанд. - Дар ин давра, аз тарафи раиси вилояти Хатлон дар шањру ноњияњои Кўлоб, Норак, Кўшониён,

Бино ба иттилои Абдуламин Негматов, директори Муассисаинтернати кўдакони ятиму бепарастори ноњияи Вахш ин макон тўли 20 сол боз ятимону бепарасторон ва инчунин камбизоатонро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Дар мактаб-интернати мазкур 282 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онњо 201 нафар писару 81 нафар духтаранд. Аз ин шумора 8 нафар ятими кулл, 174 нафар бепадар, 19 нафар бемодар ва 81 нафари дигар аз оилањои камбизоат мебошад. Дар ин муассиса-интернат барои онњо њама шароитњо муњайё буда, хонандагон аз ѓамхорї ва кумаку дастгирињои бевоситаи Сарвари давлат, аз ѓамхориву дастгирињои падаронаи ў миннатдор буда, худро ятим њис намекунанд. Дар арафаи Соли нави мелодї аз ин мактаб-интернат боздид карда, орзуи солинавии мактаббачагонро фањмидан хостем. Сайёра Ќодирова, ки дар ин муассиса мехонад, орзуи ягонааш

хурсандии мактаббачагон ва њамсолону њамсабаќонаш будааст. «Ман мехоњам, ки дар рўзи Соли нав ба мо туњфањои солинавї њадя намоянд, то ки шодињои кўдакону наврасони ин мактаб афзояд», гуфт Сайёра. Сунатулло Набиев, хонандаи дигари ин муассиса, тамошои шањри Душанбе, махсусан боѓи «Дунёи Афсона»-ро дўст медоштааст ва орзуи солинавиаш ин будааст, ки њамроњи њамсабаќонаш ба сайри Душанбею боѓњояш биравад. Нигора Муњиддинова, толибилми ин муассиса, њамаи тарбиягирандагони ин даргоњро аъзои оилаи худ шуморида, чунин мегўяд: «Дар Соли нав мехоњам, ки ба њамаи мо сару либоси зимистона њадя намоянд, то дар фасли сармо либоси гарм пўшему бемор нашавем ва дар мактаб хуб дарс хонем». Орзуи солинавии Мушарриф Ќосимова, шогирди дигари мактаб- интернат, соњиби мошинаи дарздўзї шудан будааст. Фархунда Носирова, хурсандии њамсолонашро хурсандии худ мењисобад ва мехоњад, ки барномаи солинавиашон бо иштироки њунармандони шинохта гузарад. «Ман мехоњам, ки дар барномаи солинавии мо њунармандонро таклиф намоянд, то мо бо онњо аз наздик шинос шавем, якљоя аксњо гирем». Холинисо Турсунова, лўхтак доштану дар ваќтњои фориѓ аз дарс лўхтакбозиро дўст медорад ва дар Соли нав лўхтак туњфа гирифтанро орзуи солинавии худ мењисобад. «Бозичањои мо каманд, кош бештар мешуданд», - мегўяд Холинисо. Фирўз Искандаров, хонандаи дигари парваришгоњ, дар бораи орзуи солинавиаш чунин гуфт: «Мехоњам, ки дар Соли нав ба мо ашёњои варзишї, аз ќабили тўб, тахтањои шоњмот ва дигар лавозимоти варзишї њадя намоянд ва умедворам, ки боиси хурсандии дигар тарбиятгирон низ мешавад». Дар баробари ин, баъзе хонандагон мегуфтанд, ки њатто ба њадя гирифтани пойпўши хонагї шод мешаванд, чун дар дохили бино бо он гаштан роњаттар аст. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон», Фирдавс УМАРОВ, коромўз

1.Њамал (21 март- 20 апрел); 2.Савр (21 апрел -22 май); 3.Љавзо (23 май -21 июн); 4.Саратон (22 июн- 22 июл); 5.Асад (23 июл- 23 август); 6.Сунбула (24 август- 23 сентябр) 7.Мизон (24 сентябр -23 октябр); 8.Аќраб (24 октябр -22 ноябр); 9.Ќавс (23 ноябр -21 декабр); 10.Љадї (22 декабр -20 январ); 11.Далв (21 январ -20 феврал); 12.Њут (21 феврал- 20 март); Инак, ба шоњроњи соли 2020 мелодї, ки ба соли 1397 њиљрїќамарї баробар аст, ќадам менињем. Аз рўи солшумории мучал бошад, моро соли њайвони хурд, вале дар асл захиракор-муш интизор аст. Бошад, ки ба љойи исрофу сарфи бењуда, охируламр ба сарфаву захирадорї мутаваљљењ шавем. Тањияи А. Сафаров, омўзгор

Дўстї, Панљ, Темурмалик, Балљувон, Муъминобод, Мир Сайид Алии Њамадонї, Фархор, Љамоати дењоти “Заркамар”-и ноњияи Ќубодиён, Љамоати дењоти “Истиќлол”-и ноњияи Носири Хусрав, Љамоати дењоти “Обшорон”-и ноњияи Шањритуз ва Љамоати дењоти “Машъал”-и ноњияи Вахш ќабули сайёри шањрвандон доир гашт,- афзуд С. Шарифзода. Тибќи тањлилњои шуъбаи мурољиат ва ќабули шањрвандони дастгоњи раиси вилояти Хатлон дар соли љорї ба унвонии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон 1961 мурољиатњои хаттї оид ба масъалањои гуногун ворид шудааст. Дар ин давра мурољиати шањрвандон ба унвонии роњбарияти вилоят аз љониби сокинони шањру ноњияњои Бохтар 23, Вахш 24, Кўшониён 21, Темурмалик 10, Носири Хусрав 7 адад нисбат ба њамин давраи соли гузашта зиёд аст. Њасан АБДУРАЊИМЗОДА «Хатлон»

Љабрдидагони асосии хушунати оилавї, чун пештара, занон мебошанд

Аз Бобои барфї чї мехоњед?

Њар як шахс, новобаста аз синну сол, дар дил орзуе дорад. Ин орзу агар барои баъзењо солњо ва шояд як умр дастнорас боќї монад, барои иддае аз шахсони хушбахт зуд амалї мешавад. Аммо орзуњои кўдаконе, ки аз падару модар мањруманд, чї тавр амалї мешавад? Онњо орзуњояшонро ба кї мегўянд?

Номи моњњои соли њиљрї - шамсї чунин аст:

Њалли мушкилоти мардум дар мадди аввал меистад

К. РАСУЛОВ, «Хатлон»

ОРЗУЊОИ СОЛИНАВИИ КЎДАКОНРО КЇ БАРОВАРДА МЕСОЗАД?

12.Зулњиља 29 рўз Солшумории њиљрї - шамсї ба монанди солшумории мелодї ба гардиши солонаи офтоб вобаста аст ва миќдори рўзњо дар њар дуи ин солшуморињо мувофиќанд. Оѓози соли нави њиљрии шамсї ба 21-22 марти солшумории мелодї рост меояд.

Дар шањри Душанбе бо ташаббуси Лоињаи пешгирии зўроварии оилавї (PDV), ки бо маблаѓгузории њукумати Швейтсария амалї карда мешавад, мизи мудаввар бо иштироки намояндагони сохторњои давлатї ва ташкилотњои байналмилалї доир гардид. Њадафи ин чорабинї баррасии натиљањои солонаи фаъолияти муштарак бо нињодњои давлатї, ташкилотњои љамъиятию байналмилалї ва наќшањои минбаъда љињати рафъи мушкилоти марбут ба хушунат дар оила буд. Дар кори мизи мудаввар муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Марњабо Олимї, муовини аввали вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон Саида Умарзода, муовини вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Мањмадсаид Саидзода, муовини вазири адлияи Љумњурии Тољикистон Шањноза Нодирї, муовини директори дафтари швейтсарї оид ба њамкорї дар Љумњурии Тољикистон Корин Деманж, инчунин намояндагони љомеаи шањрвандї ва коршиносони байналмилалї иштирок намуданд. Марњабо Олимї зимни ифтитоњи њамоиши мазкур ќайд кард, ки ин чорабинї ба тањкими њамкорињо миёни сохторњои давлатї ва шарикони

байналмилалї дар доираи татбиќи Барномаи давлатии мубориза бо хушунати оилавї ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила” равона шудааст. - Мизи мудаввар чорабиниест, ки њар сол бо маќсади муњокимаи роњу василањои мусоидат ба њалли масъалањои хушунат ва рафъи ин мушкилот, инчунин баррасии натиљањои фаъолият дар соли сипаришаванда гузаронида мешавад, - зикр намуд М. Олимї. Ба ќавли муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Лоињаи пешгирии зўроварии хонаводагї тадбирандешињои Њукумати Тољикистонро дар амри пешгирии зўроварї дар оилањо таќвият мебахшад. Коршиноси байналмилалї оид ба масъалањои пешгирии зўроварї дар оила Виорелия Русу зикр намуд, ки лоињаи мазкур бавижа, ба вилояти Хатлон ва шањри Душанбе нигаронида шудааст. Дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон гурўњњои кории байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила таъсис дода шудаанд, ки ба онњо намояндагони маќомоти давлатї ва ташкилотњои љамъиятї шомиланд. Онњо бо ањолї алоќаи зичро ба роњ монда, љабрдидагони зўровариро муайян мекунанд. - Љабрдидагони хушунати оилавї эњтиёљоти зиёде доранд, ки онро танњо як ташкилот баро-

варда сохта наметавонад, - ќайд кард коршинос. – Дар ин маврид ба таври дастаљамъї кор кардан бисёр муњим аст, яъне барои њалли масъалаи муайян одамон ва ташкилотњои алоњида масъулият дошта бошад. Ба савол дар бораи он ки кї бештар дар оила аз хушунат љабр мебинад, Виорелия Русу гуфт, ки ќурбониёни асосии хушунат дар оила занон мебошанд. - Тањќиќотњои демографї нишон медињанд, ки 83%-и љабрдидагони зўроварї дар оила дар давоми соли 2019 занон мебошанд, ки аз љониби шавњаронашон мавриди хушунат ќарор гирифтаанд, - мутмаин аст коршинос. Зўроварии оилави як шакли табъизи гендерї аст, ки бо омилњои гуногун дар љомеа пањн шудааст. Ин проблема бояд дар марњилањои аввали низоъ њалли худро ёбад. Љавоњир Акобирова, сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, низ бо андешаи Виорелиа Русу дар мавриди ќишри аз њама осебпазир будани занон мувофиќ аст. - Тибќи маълумоти ВКД, солњои охир шумораи шикоятњо дар бораи зўроварї дар оила афзоиш ёфтааст, - ќайд кард Љ. Акобирова. – Ин далел гувоњи он аст, ки шумораи зўроварї не, балки сатњи огоњии ањолї боло рафтааст ва ин раванд ба мо имкон медињад, ки дар њамкорї бо шариконамон ба љабрдидагон кумакњои сариваќтї расонем. Ќобили зикр аст, ки мизи мудаввар оид ба пешгирии зўроварї дар оила аллакай ба чорабинии њарсолае табдил ёфтааст, ки дар доираи Барномаи давлатии пешгирии зўроварї дар оила барои солњои 2014-2023 гузаронида мешавад. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»


4

ХАТЛОН

Саргузаштњои солинавї Соли нав иди њамагон аст. Онро пиру барно ба таври махсус ва бо хушнудї ќайд намуда, дар ин рўз ба кўдакон, албатта, туњфањо таќдим мекунанд. Хусусияти неки ин ид дар он аст, ки Соли навро одамон дар хона бо ањли оила, њам бо ёру дўстон ва њам дар љойи кору дар гирди арчаи солинавии шањру ноњияи худ муддати як шабонарўз мегузаронанд. Њамзамон, њар соли нав хосияте дораду пур аз воќеањои аљоиб аст ва аз худ хотироти нек боќї мемонад...

ТОРТ

Соли нав дар хонадони Шоим ид болои ид меояд. Онњо њам Соли навро ид мекунанду њам зодрўзи бонуи хонадон-янгаи Саодатро ќайд менамоянд, ки љашни зодрўз дорад. Дар ин рўз шавњар барояш торти махсус туњфа мекунад. Ин барои ў анъанаи њарсола шуда мондааст. Шоим дар баробари одати хубаш боз як одати бад низ дорад, мухлиси араќ аст. Њамин ки ба араќнўшї сар кард, “майдабозї” намекунад, иштињояш ќозгир шуда, шикамсерї менўшад. Махсусан, дар рўзњои ид, тўй ва зодрўзњо “лайло” мешавад. Дар бисёр њолатњо араќнўширо аз меъёр гузаронида, ба хона гоњо чорпову гоњо дарахтонро шумурда, панљараи гирду атрофи биноњоро даст-даст карда меояд. Ин рафтори шавњар занро назди њамсояњо сархам намудааст. Њамин аст, ки зан пеш аз ба зиёфате рафтани шавњар “коњ аз мардум, магар кањдон њам аз мардум аст?!”, гўён Шоимро таъкид менамояд, то камтар араќ нўшад. Вале, дили одаткарда балои љон, мардак боз њамон Ањмадаки порина аст - менўшаду менўшад. араќнўш ќавлу ќасам надорад... Шоим њар як соли нав анъанаи деринаашро вайрон намекунад. Дар зодрўзи зављааш барои ў торти махсус мефармояд. Ў бањонаи торт ба кўча баромада, бо дўстони

њамќадањаш гулў тар намуда, боз ягон воќеаеро аз сар мегузаронад. Шоим як саргузашти аљоиби солинавї дорад, ки он дар яке аз шабњои солњои нав рух додабуд. ...Мард шомгоњон таѓйири либос карда, барои овардани торти фармудааш аз хона баромад. То ваќти гирифтани торт фурсате дошт ва барои гулўтаркунї сари ќадам ба тарабхона даромада, араќ фармуд. Аввал, садта-садта, баъд, боз саду панљоњтагї илова намуда, ба ќавле сар “гарм” кард. Баъд ба сехи ќаннодї омада, торти фармудаи дар ќуттии зебои солинавї љо намударо гирифту ба хона равон шуд. Дар ними роњ бозистода ба соати дастї нигарист. Ё араќи нўшидааш камї кард, ё њаво сард буд, ки “њоло ваќт њаст, садтаи дигар араќ нўшидан даркор, дар хона занак араќ нўшидан намемонад, ѓур-ѓур мекунад” гўён ў роњашро дигар кард. Назди Арчаи асосии солинавии шањрї рафт. Дар он љо њамќадањояшро вохўрда монд. Албатта, ягон вохўрї бе нўшонўшї намегузарад, суњбат њам ќаймоќ намебандад. Онњо Соли навро бо тарзи худ истиќбол намуда, шишањои араќро як-як холї карданд. Шоим соати расо 22 аз тарабхона берун шуд. Барфи лак-лакї меборид ва аллакай заминро сафед кардаю роњ лаѓжонак шуда буд. Ў калавида-калавида роњ

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

мерафту торти дасташро эњтиёт мекард, то ки ба замин афтида ба хоку санг олуда нагардад. Бало аз таги по мехезад, гуфтагї барин, Шоим дар роњи лаѓжонак тортро эњтиёт карда натавонист. Рўи барф лаѓжида, пуштнокї афтид. Торт аз дасташ рањо ёфта, аввал бар рўй, сипас болои барфу лой пош хўрд. Вай вазнину ѓурѓуркунон сари по шуд. Торти ба порањо табдилёфтаю аз сару рўй ва бо барфу лой омехташударо боз љамъ оварда, аз нав ба ќуттї љой кард. Акнун торт ба торти аслї монандї надошт... Янгаи Саодат дастархони идона ороста, барои зеби он танњо торт намерасид ва роњи шавњарро бесаброна интизорї мекашид. Шоими дар обу лой љўлида дар даст ќуттии торт вориди хона шуд. Аз омадани ў ањли хонадон нафаси осуда гирифтанд. Зан туњфаи шавњарро сари дастархон овард. Ќуттиро боэњтиёт кушода, њуш аз сараш парид. Дар дохили ќуттї аз торт дида барфи ба лой омехташуда бештар буд. Зан сарпўши ќуттиро баста, ба шавњар нигарист. Њоли ў аз њоли торт бењтар набуд. Аз ин рў, ў аз “туњфа”-и ин дафъаина низ хафа нашуд. “Аз њама муњимаш анъанаи њарсола вайрон нашуд. Торт, бигзор дар кадом шаклу намуде, ки бошад, туњфа гардид” аз дил гузаронд янгаи Саодат ва ањли оила сар хони солинавї нишастанд...

СОЛИ НАВ ДАР ЊУШЁРХОНА

Иди солинавиро њар кас ба таври худ истиќбол мегирад. Дўстони давраи мактабї Назару Амону Рањим як анъана доштанд - Соли навро дар шањр, дар хонаи Назар љашн мегирифтанд. Онњо, то њанўз истиќболи яке аз солњои нави замони Шўравиро њељ гоњ фаромўш карда наметавонанд. ...Шоми Соли нав “Се мушкатёр” (янгаи Садаф ба љўрањои њамќадањ чунин тахаллус дода

буд) барои истиќболи Соли нав дар хонаи Назар гирд омаданд. Барои оро додани дастархони идонаашон хуб тайёрї дида, газакњои рангобаранг, нўшокињои гуногун ва хўрданињои дигар омода намуданд. “Ташкилї”-и онњо, аз рўи одат, аз тарабхона сар шуда, дар хонаи

Назар идома ёфт. Онњо хўрданду нўшиданд, нўшиданду хўрданд. Њанўз Соли нав оѓоз наёфта, захираи араќашон тамом шуд. То оѓози Соли нав бошад, њамагї як соат монда буд. - Соли нав бе араќ чї хел соли нав мешавад?! - луќма партофт соњибхона. - Суњбатамон гарм намешавад, соли нав маза намекунад, - сухани Назарро об дод Амон. - Ана инро муаммои калон мегўянд,-ба суњбат њамроњ шуд Рањим.-маѓозањо дар ин соати шаб кор намекунанд. - “Пул бошад дар љангал шўрбо” гуфтаанд,-сари маќсад омад Назар. Амону Рањим бо бањонаи њавои тозагирї ба кўча баромаданд. Њаво сард буду барф дар бориш. Замин аллакай сап-сафед шуда буд. Љўрањо рост ба тарабхонаи наздиктарин рафта, њар кадом дар даст душишагї араќ баргаштанд. Онњо дар њолати сархушї роњи хонаро гум карданд. - Шањрро њамин бинои хонањояш нобоб, њамааш якхела сохтагї,-гила кард Амон. -Хонаи Назар кадомаш

Чоршанбе, 1 январи соли 2020, №1 (3237)

бошад?-ба ќатори биноњои якшакла сохташуда назар дўхта пурсид Рањим. -Ба гумонам, ана њамин бино аст,-бинои сохтмонаш нотамомро нишон дод Амон. Хонаи Назар деворпўш набуд, ин девори баланд аз куљо пайдо шудааст?-дудила пурсид Рањим. - Камтар нўшидан даркор буд, алкаголик,-гўён Амон љўраашро кашолакунон вориди даромадгоњи бинои сохтмонаш нотамом шуданд. Бино на дару тиреза ва на боми пўшида дошт. Онњо ба зинаи барфпўш ќабат ба ќабат боло рафта, ба ошёнаи охир баромаданд. Осмони барфрезро дида дар њайрат монданд. -Аљабо, боми хона куљо шуда бошад? Соњибхонањо њам нестанд,-ба чизе сарфањм нарафта ѓур-ѓур мекард Амон. -Айби худамон, њаял кардем, шояд Назар бо ањли оила ба тамошои Арчаи солинавї рафта бошанд?-тахмин кард Рањим. - Биё, фолбиниро як тараф монему то баргашта омаданашон каме сари хоба бигирем, андак сабуктар мешавему то сањар базма идома медињем,-гўён Амон худро ба кунљаке партофт. Посбони сохтмон дохили бино шудани ду мастро дида буду берун омаданашонро хело поид. Аз “мењмонон”-и нохонда дарак нашуд. Посбон бими он ки ягон фалокат рух надињад, зуд ба њушёрхона (ветризвител-як шуъбаи корњои дохилии даврони Шўравї буд, ки дар он љо ашхоси дар кўчаю љойњои љамъиятї бадмастро як-ду шабонарўз нигоњ медоштанд) занг зад. Амону Рањимро ба њушёрхона бурданд. Назар бошад, ба суроѓи дўстони гумшудааш баромад. Ў дараки онњоро аз посбон фањмида, ба њушёрхона омад. Дар њушёрхона ўро низ бо хушї ба “мењмонї” ќабул карданд. Њамин тавр, дустон Соли навро дар њушёрхона гузарониданд...

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

С. АТТОР, «Хатлон»

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон

ХАТЛОН

ОБУНА БАРОИ СОЛИ 2020 Идома дорад Рўзномаи «Хатлон» иљрои ќарору дастур ва нишондодњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилоятро ба табъ мерасонад, њамчунин рўйдодњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии вилоятро ба таваљљуњи хонандагон омода месозад. Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён зикршуда гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта 80 сомонї аст. маблаѓи ОБУНА ДАР ИДОРАИ РЎЗНОМА ТАРИЌИ НАЌДЇ ВА ЃАЙРИНАЌДЇ ЌАБУЛ КАРДА МЕШАВАД.

Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: - шањри Бохтар, кўчаи Логинов-12 Филиали «Амонатбонк-42», шањри Бохтар С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон

Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Хатлон мансабњои холии хизматчии давлатии зеринро пешнињод менамояд 1. Сармутахассиси шуъбаи мониторинги ва сиёсати экологии Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Хатлон-маоши мансабї 1032 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. 2. Сармутахассиси Бахши њифзи муњити зисти ноњияи А.Љомї - маоши мансабї 936 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. 3. Сармутахассиси шуъбаи њифзи муњити зисти ноњияи Љ. Балхї - маоши мансабї 936 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. 4. Мутахассиси пешбари шуъбаи экспертизаи давлатии экологї ва назорати тањлилии Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Хатлон-маоши мансабї 696 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. 5. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва њифзи

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Љамолиддини САЙФИДДИН Тарроњ: Зафарљон Азизов

њавои атмосфера, назорати давлатии истифодаи замин ва муомилот бо партовњои Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Хатлон-маоши мансабї 696 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. 6. Мутахассиси пешбари бахши њифзи муњити зисти ноњияи Ёвон-маоши мансабї 768 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. 7. Мутахассиси Бахши њифзи муњити зисти ноњияи Љайњун-маоши мансабї 630 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: - шањри Бохтар, кўчаи Айнї 40. Телефонњо барои тамос: 2 (8-3222) 2-76-72 ва 2-25-23, суроѓаи электронї: eco_khatlon@ tojikiston.com Мўњлати ќабули њуљљатњо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Рўзнома дар чопхонаи «Мега-Принт»-и ш. Душанбе ба табъ расидааст. Ба чопаш 31.12.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10300 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Хатлон шумораи №1-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu