Skip to main content

Хатлон №8 2018

Page 1

Рўзи модар муборак, њамватанон!

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №8 (3145)

сешанбе, 6 марти соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Тасдиќи рамзи Љашни байналмилалии Наврўз 1 март Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон барои соли 2018 рамзи Љашни байналмилалии Наврўзро тасдиќ намуданд. Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллї ва пайки бањор - суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаљоти «Наврўз – 2018» бо забонњои тољикї ва англисї инъикос ёфтааст. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ахбори омма метавонанд аз рамзи Љашни байналмилалии «Наврўз – 2018» васеъ истифода намоянд. www.president.tj

«Зан-нигини пурљилои тољи миллат»

и 77 ррЎЎззи Н О Л Т О А Л Х Т А Х

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмањмадзода Давлатшоњ Ќурбоналї бахшида ба Рўзи модар 8-март

Модарону хоњарони азиз! Бонувони гиромиќадр! Хушбахт аз онем, ки имрўз зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, дар шинохти манзалати зан-модар муваффаќ гашта Рўзи модарро бошукўњу шањомат таљлил менамоем. Зан-модар, ки офарандаи њаёту зебої дар олам аст, сазовори њама таърифу тавсиф буда, бо мењри худ љањонро гармї, зиндагиро маънї ва њаётро баракату нусрати тоза бахшида, фалсафаи њастии инсонро комил гардонидааст. Мањз зан-модар аст, ки чароѓи хонадони инсоният равшан ва муњаббат

дар вуљуди мо пойдор аст. Ин њама накухислатњое, ки табиат ба ин олиња ато намудааст, њар як фарди солимаќлро водор мекунад то ба ќадри ў дар зиндагї расад, эњтиромашро ба љо оварад, дар васфаш самимонатарин суханњоро дареѓ надорад. Дар сиёсати иљтимоии давлат масъалаи таъмини баробарњуќуќии мардону занон яке аз масъалањои мењварї ба шумор рафта, дар ин самт кишвари мо тадбирњоеро амалї намуда истодааст, ки дар таљрибаи љањонї камназир мебошанд. Ќабул ва татбиќи дањњо санадњои меъёрии њуќуќї дар ин самт аз он далолат мекунанд, ки Пешвои муаззами миллат дар шинохти рисолати зан дар љомеа диди эътимодбахш дошта, бањри пурра амалї намудани неруи созандаи занон тамоми чорањоро меандешад. Ба «Нигини пурљилои тољи миллат» ташбењ додани занон, ин нишонаи эътирофи мавќеи шоистаи онњо дар њаёти иљтимоию сиёсї ва фарњангию иќтисодии љомеа мебошад. Тайи солњои соњибистиќлолї кишвари мо дар мавќеъ пайдо намудани занон дар сиёсат ќадамњои љиддї гузошта, дар тарбияи занони матиниродаи сиёсатмадор ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардид. Воќеияти имрўза нишон медињад, ки дањњо нафар занони неруманди мо ба њайси аъзои Њукумати кишвар ва парламент, вакилони маљлисњои вакилони халќи вилоят ва шањру ноњияњо, роњбарони шањру ноњия ва таш-

килоту муассисањои љумњуриявї, вилоятї, шањриву ноњиявї фаъолият намуда истодаанд, ки ёдоварї аз кору фаъолияти онњо дар ин рўзњо боиси ифтихору сарбаландист. Мо бо онњо фахр мекунем, таљрибаи њаёту зиндагї ва фаъолияти онњоро шоистаи омўзишу тањсин медонем. Чуноне ки њамагон медонем, имсол дар кишвар бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гаштааст. Вобаста ба ин, дар вилоят њамарўза чорабинию озмунњои гуногун баргузор шуда истодаанд, ки љињати муаррифии њунари волои занони њунарманди мо ањамияти махсус дошта, рушди њунармандї василаи муфиди боло бурдани сатњи зиндагии оилањо мањсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки имрўз дар вилоят теъдоди занону оилањои њунарманд аз њазор гузашта, њар як кўча, мањалла, ноњия ва шањр шахсиятњои њунарманде дорад, ки дар муаррифии фарњанги миллати тољик дар хориљи кишвар њам сањми босазои худро гузошта истодаанд. Њунари онњо зебандаи њар як хонадон буда, самимияту гармии дасти њунарманд ба бинанда неруи тоза мебахшад. Модар доимо дар саргањи њама хушбахтињои фарзанд истода, роњнамо ва њидоятгари ў дар роњи садоќат ба ватан ва миллати худ буда, мактаби тарбияи модар заминаи боэътимод бањри ба камол расонидани фарзандони содиќ ба шумор меравад. Модарон набзи љомеаро аз њама пеш эњсос намуда, таќдири фарзанд аз њама зиёд онњоро ташвиш меорад. Вобаста ба ин, мењоњам ќайд намоям, ки љањони имрўза љањони пур аз мушкилотест, ки ба сари инсоният вазнинтарин санљишњоро пеш оварда истодааст. Имрўз модари афѓон, ироќию суриягї, яманию либиягї, фаластинию исроилї, новобаста ба мансубияти миллию динї ва мазњабї, якхела андуњ доранд. Андуњи онњо аз даст додани оила, фарзанд, шавњар, хонаю дари обод ва оромию осои-

ши кишварњояшон мебошад. Дар чунин шароити мураккаби сиёсї занону модарони моро зарур аст, ки дар тарбияи фарзанд бисёр сахтгир ва серталаб бошанд, нагузоранд, ки њаракату гурўњњои ифротї бо таќдири фарзандони мо бозї кунанд. Модарони мо ќудрати бузурги мубориза бо ифротгароию терроризмро доранд. Мо ба ин ќувваи онњо боварї дорем. Наќши шумо, модарону хоњарони азиз дар пойдор нигоњ доштани оила, таъмини осудањолї ва танзими сарфу харљи он бенињоят калон аст. Ќабул ва татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон” бо гузашти зиёда аз дањ сол нишон дод, ки воќеан њам сањми занон дар татбиќи самараноки он баѓоят калон буда, аз њар як зан фарњанги волои сариштакорї ва рўзгордориро таќозо менамояд. Бинобар њамин њам, ба модарони азизи мо лозим аст, то меъёрњои ин ќонунро риоя намуда, бањри афзудани файзу баракат дар зиндагиашон мусоидат намоянд. Зеро тањлилњо нишон медињанд, ки њоло њам дар баъзе шањру ноњияњои вилоят њолатњои зиёдаравї, таассубкорї ва вайронкунии ќонун ба чашм мерасанд. Барои худ шарафи бузург медонам, то њамаи шумо, модарону хоњарони азиз ва дар симои шумо кулли модарони вилояту кишварро ба муносибати Рўзи модар табрик намуда, бароятон хушињои зиндагї, баракати рўзгору фарзандон ва хонадони пур аз мењру садоќат ва муњаббатро таманно намоям. Зињї модар, фариштае, ки бо мењри худ инсонњоро парвоз омўхтї! Зињї зан, ки бо оташи мењрат хонадони сарди моро гарму нурафшон кардї! Зињї Пешвои муаззами миллат, ки ин фариштаро фазои парвоз ато намуда, манзалаташро гиромї гардондед! Ид муборак, модарону хоњарони азиз!

Д. ГУЛМАЊМАДЗОДА: «ЗИЊЇ, МОДАР!» Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шањри Бохтар ба муносибати Рўзи модар маросими бошукўње барпо гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода иштирок ва суханронї кард. Ин њамоиши љашнї 6 март дар Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонов бо намоиши мањсули њунарњои дастї ва дастурхонороии тољиконаи бонувон аз 25 шањру навоњии Хатлонзамин ифтитоњ ёфт. Раиси вилояти Хатлон Д. Гулмањмадзода зимни боздид аз ин намоишгоњ ба њунари бонувони хатлонї, ки анвои гуногуни мањсулоти нонї, ширинињо, ќандинањо, суманак, таомњои миллї, сўзанї, рафида, намунањои ќуроќдўзї, зардўзї ва дигар намунањои дастранљашонро манзур карда буданд, бањои баланд дод. Кас ба дастурхони пурнозу неъмати ороставу зебои бонувони тољик ва њунарњои дастию муъљизакории онњо дида андўхта, беихтиёр, мисраъњои шоир Сайидамин Љилоро ба ёд меорад, ки гуфтааст: Аз њунар ту шеър мебофї, Чун малак азбаски дилсофї! Риштањоят мисраи шеър аст, Њалќа-њалќа зарраи шеър аст. Бишкуфонї гул барин дилро, Зеб бахшї љумла манзилро. Эй зани соњибдили зардўз, Чор фаслат гашта чун Наврўз!

Раиси вилоят Д. Гулмањмадзода низ ба рамзи эњтиром ба зани солманде, ки нону чаппотињои сурху хушнамудашро дар ин намоишгоњ ба маъраз гузошта буд, нидо кард: «Зињї, модар!». Пас аз тамошои намоишгоњи њунарњои мардумї ќисмати расмии чорабинии идона оѓоз гардид. Дар толори театр беш аз 700 нафар бонувони фаъол аз тамоми шањру навоњии вилояти Хатлон љамъ омада буданд. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни ироаи паёми табрикии худ бонувони Хатлонзаминро ба муносибати Рўзи модар шодбош гуфт. Вай аз љумла ќайд кард, ки дар солњои соњиб истиќлолии мамлакат љойгоњи занон дар сиёсат устувортар гардида, имрўз садњо нафар бонувони тољик дар маќомњои роњбарикунанда, аз он љумла њамчун узви Њукумати кишвар, вазир, раиси кумита, раиси шањру ноњия, роњбари ташкилоту муассисаи љумњуриявї, вилоятї, шањрию ноњиявї кор мекунанд. Шумораи вакилон аз њисоби занон дар маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон 14 нафар, дар маљлисњои вакилони халќи шањру ноњияњо 173 нафар ва дар маљлисњои вакилони халќи љамоатњои шањраку дењот 655 нафарро ташкил медињад. «Мо бо

онњо ифтихор мекунем ва таљрибаи бойи кории бисёре аз онњо шоистаи тањсин ва ќобили омўзиш мебошад», - зикр кард раиси вилоят. - Соњаи маорифро бе иштироки бонувон тасаввур кардан имконнопазир аст, - идома дод Д. Гулмањмадзода. - Дар ин соњаи њаётан муњимми љомеа, ки заминагузори ташаккули неруи бу-

зурги инсонї мебошад, беш аз 54 фоизи кормандонро занону модарон ташкил медињанд. Бонувони омўзгор бо мењнати шабонарўзии хеш бањри ташаккули шахсиятњои комил, ворисони арзандаи сарзамину миллат, фарзандони банангу номус сањми арзанда гузошта истодаанд. Мењрубонї ва самимияти зан-омўзгор, ки бо серталабї ва сахтгирї якљо мешавад, бањри ба камол расидани арзишмандтарин сармояи љомеа – инсони комил наќши калидї дорад. Раиси вилоят њамзамон таъкид кард, ки беш аз 70 дарсади кормандони соњаи тандурустии вилояти Хатлон низ аз бонувон иборат аст. Њар яки онњо бо ќалби саршор аз мењр ва лафзи ширини худ таскинбахши дарди бемор мебошанд. Д. Гулмањмадзода њамзамон гуфт, ки масъалаи саломатии модару кўдак дар мадди назари давлат буда, фавти модару кўдак ба таври ќобили

мулоњиза коњиш ёфтааст. Хизматрасонии тиббї ба модарон ва кўдакон сол аз сол бењтар гардида, онњо тањти ѓамхорї ва њимояи давлат ќарор доранд. Дар идомаи њамоиш раиси вилояти Хатлон аз корномаи гурдофаридони замон – бонувони корманди маќомоти њифзи њуќуќ дар таъмини тартиботи љамъиятї ва њифзи сулњу

субот, зебоиофарињои бонувони ањли фарњанг, адибон ва ходимони муассисањои давлатию љамъиятї, ки дар рушди љомеа сањми намоён мегузоранд, бо эњсоси баланди ифтихор сухан гуфт. Д. Гулмањмадзода аз дастовардњои бонувон дар соњаи илм низ ситоиш карда, афзуд, ки шумораи бонувони дорои унвонњои илмї дар вилояти Хатлон ба 47 нафар мерасад. Аз љумла, имрўз се нафар доктори илм, профессор ва 43 нафар номзади илм, аз ин 14 нафар дотсентон ба фаъолияти илмию таълимї машѓуланд. Бори аввал аз чоп баромадани маљмўаи корњои илмии занони олими вилоят дар муњити маърифатии љомеа падидаи нек буда, бањри тарѓиби илму дониш ва шикасти ќолабњо дар ин самт наќши босазо гузошта истодааст. Тавре ки зикр гардид, имрўз дар вилоят беш аз 27 њазор зан ба соњибкорї машѓул буда, дар руш-

ди иќтисодии минтаќа ва љумњурї наќши босазо мегузоранд. Илова бар ин, аз 65 њазор хољагии дењќонии дар вилоят мављудбуда роњбарии 12632 хољагии дењќонї (19,3%)-ро бонувон бар дўш доранд. Раиси вилояти Хатлон ќайд кард, ки эълон гардидани соли 2018 њамчун Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї аз љониби Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон баёнгари таваљљуњи зиёди Роњбари давлат ба зан-модари тољик буда, нишонаи ќадрдонї аз њунари волои онњо мебошад. «Ин иќдоми наљиб кулли занони њунарманди вилоятро рўњбаланд намуда, њар як зани соњибњунар имрўз дар хона ба омода намудани маводњои армуѓонї бо истифода аз њунарњои мардумї метавонад машѓул шавад. Шумораи бонувони њунарманд, ки ба тањияи анвои мухталифи њунарњои миллї сарукор доранд, ба беш аз њазор нафар мерасад. Бо истифода аз неруи ин ќишри њунарманди љомеа, муъљизаофарињои ин бонувони њунарманд мо метавонем њунарњои мардумии худро дар арсаи љањонї ба таври шоиста муаррифї намоем», - афзуд Д. Гулмањмадзода. Пас аз ироаи паёми табрикии раиси вилоят ба муносибати Рўзи модар барномаи пурмуњтавои консертї баргузор гардид. Бонувони собиќадор, ходимони љамъиятию давлатї ва ќањрамонмодароне, ки ба ин њамоиш даъват шуда буданд, аз он изњори ќаноату сипос карданд, ки Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба ќадру манзалати зан-модар арљ гузошта, занонро нусратбахши зиндагї номидаанд ва имрўз зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Роњбари давлат Рўзи модар бошукўњу шањомат таљлил мешавад. Њамин тавр, ба беш аз 700 нафар собиќадорони мењнат, бонувони фаъоле, ки аз шањру навоњии вилоят дар љамъомади тантанавї њузур доштанд, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода ба рамзи эњтирому ќадршиносї њадяњои хотиравї таќдим карда шуд. Н. Маъмурзода, «Хатлон»

НАЌШИ САЙЁЊЇ ДАР ПЕШРАФТИ ИЌТИСОДИЁТ Бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї тањти унвони «Наќши сайёњї дар пешрафти иќтисодиёти миллї» дар шањри Бохтар конференсияи илмї-назариявии љумњуриявї баргузор гардид. Дар њамоиши мазкур, ки бо ибтикори ДДБ ба номи Носири Хусрав барпо шуд, олимони соњаи иќтисод аз муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї, Институти омўзиши масъалањои давлатњои Осиё ва Аврупои Академияти илмњои Тољикистон, Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок доштанд. Дар ифтитоњи конференсия

дастовардњои ширкатњои сайёњии вилоят, осорхонаи вилоятї ва олимони соњаи сайёњї ба намоиш гузошта шуд. Кори конференсия дар ду бахш: «Сайёњї – соњаи афзалиятноки љомеа» ва «Сайёњии дохилї ва имкониятњои рушди он дар Љумњурии Тољикистон» роњандозї гардид. Мавриди зикр аст, ки дар Донишгоњи давлатии Бохтар аз рўйи ихтисоси иќтисод ва идораи сайёњї омода мешаванд. Соли гузашта 32 нафар ин ихтисосро хатм намуданд.

НОРАК: ДАСТРАСИИ 16 МОШИНИ ПАРТОВЃУНДОР Муассисаи давлатии шуъбаи манзилию коммуналї ва хољагидории шањри Норак соњиби 16 адад мошини махсуси партовљамъкунї, аз ќабили мошинњои махсуси партовкашонї, экскаватор, булдозер, мошини обкашї, мошини обпошак, мошини ќумпошак, трактори алафдаравї, автобус, механизмњои боркунанда ва 497 адад ќуттињои гуногунњаљми партов гардид. Ба иттилои С, Љўраев, сардори муассисаи мазкур, техникаи мазкур аз њисоби лоињаи «Идоракунии партовњои сахти маишии шањри Норак», ки соли 2014 байни Љумњурии Тољикистон ва Бонки Аврупоии Таљдид ва Рушд ба имзо расида буд, дастрас шудааст. Арзиши умумии ин тарњ 5 миллиону 40 њазор доллари амрикоиро ташкил медињад. Маќсади асосии лоињаи «Идоракунии партовњои сахти маишии шањри Норак» аз љорї намудани технологияњои муосири идораи партовњои сахти маишї љорї, баланд бардоштани сифати хизматрасонї ва бењтар гардонидани вазъи санитарию экологии шањр мебошад.

ИФТИТОЊИ КОРГОЊИ НАВИ АДРАСБОФЇ Дар Љамоати дењоти «Ќањрамон»-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї коргоњи нави истењсоли матои адрас ба фаъолият пардохт. Ба иттилои С. Бодомов, сардори шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњия, дар ин коргоњ занону духтарони дења ба курси семоњаи омўзиши њунари адрасбофї љалб карда шудаанд. Манбаъ афзуд, ки баъди анљоми курси кўтоњмуддат духтарону занон ба кори доимї фаро гирифта мешаванд. Нафарони ба ин курси омўзишї љалбшуда идрорпулї мегиранд ва ба омўзгорони онњо маоши иловагї дода мешавад. «Бояд гуфт, ки дар муддати кўтоњ дар љамоатњои дењоти «Ќањрамон», «Чўбек»

ва «Турдиев»-и ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї маѓозањои фурўши мањсулоти коргоњи адрасбофї кушода шуданд. Дар ноњия талабот ба матои адрас хеле зиёд буда, мо талош дорем, ки истењсоли ин навъи матои зебои ватаниро боз њам афзунтар гардонем», - зикр кард С. Бодомов.

Ш. ШОЊИН: АФЗОИШИ ИСТЕЊСОЛИ МАЊСУЛОТ 11 корхонаи саноатии ноњияи баландкўњи ба номи Шамсиддин Шоњин тайи як сол ба маблаѓи 33,9 миллион сомонї мањсулот истењсол намудаанд. Ќобили зикр аст, ки њаљми истењсоли мањсулот рў ба афзоиш буда, ба он мавриди ифтитоњи корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоњи дўзандагї дар дењаи Шўрообод мусоидат кардааст. Ин коргоњњо дар љараёни сафари Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњияи Ш. Шоњин мавриди бањрабардорї ќарор гирифтаанд. Дар ин миён дар љамоатњои дењоти «Даштиљум» ва «Саричашма» коргоњњои адрасу атласбофї ба фаъолият оѓоз намуданд. Бо љалби шарикони рушд дар Љамоати дењоти ба номи Нуриддин Мањмудов корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Ёѓук» азнавсозї карда шуд.

ДАСТГИРИИ ОЛИМОНИ ЉАВОН ДАР КЎЛОБ Маъмурияти Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї барои олимони љавоне, ки рисолаи номзадї дифоъ мекунанд, се њазор сомонї мукофотпулї ваъда додааст. Тавре ки ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, дар соли хониши гузашта барои њимояи рисолаи номзадї ба 5 нафар олимони љавон дар маљмўъ 15 њазор сомонї ихтисос дода шудааст. Њамчунин ба хотири њавасмандгардонии донишљўён бањри ноил шудан ба дастовардњои илмию таълимї, иштироки фаъолона дар конференсияву семинарњои гуногуни

илмї, озмуну олимпиадањо ба 144 донишљў ба маблаѓи умумии 20528 сомонї, барои ѓолибони олимпиадаи донишљўён барои дарёфти «Љоми Академияи илмњо» 30936 сомонї ва барои ѓолибони даври хотимавии олимпиадаи донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбї 50000 сомонї дар шакли кўмаку мукофотпулї масраф шудааст.

ЧЕМПИОНАТ 10 МАРТ САР МЕШАВАД Бозињои 27-умин Чемпионати Тољикистон байни дастањои Лигаи олї 10 март оѓоз мегарданд. Имсол дар мусобиќот 8 даста, аз љумла «Истиќлол» (Душанбе), «Хуљанд» (Хуљанд), КМВА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барќчї» (Њисор), «Хатлон» (Бохтар), «Панљшер» (Љалолиддини Балхї) ва «Кўктош» (Рўдакї) ширкат хоњанд кард. Чун соли гузашта, чемпионати мамлакат дар се давр баргузор гашта, њар як даста то анљоми мавсим 21 бозї анљом медињад. Дар даври аввал бозигарони тими «Хатлон»-и шањри Бохтар дар майдони худ бо дастаи «Истиќлол»-и шањри Душанбе ќувва месанљанд. «Панљшер»-и ноњияи Љалодиддини Балхї бошад, бо дастаи «Кўктош»-и ноњияи Рўдакї, ки бори аввал ба лигаи олї баромадааст, вомехўрад. Дар даври дувум бозигарони бохтарї ба Хуљанд барои бозї бо «Хуљанд» мераванд. «Панљшер» дар майдони худ футболбозони КМВА «Помир»-ро истиќбол мегирад.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


2

ХАТЛОН

сешанбе, 6 марти соли 2018, №8 (3145)

Аз сарвату зи шуњрат гар бар фалак занад сар, Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар. 15 ФАРЗАНДИ ЯК МОДАР Сайалї, Робиямоњ, Саидакбар, Фариштамоњ, Саидмукарам, Саидљаъфар, Кибриё, Сайфурамоњ, Мастурамоњ, Холиќљон, Зайтунбї, Абдусаттор, Зубайдамоњ, Абдуљалол, Раъногул - њама фарзандони ќањрамонмодар холаи Шамсия Ќурбонова ва падари хушбахту бодавлат Файзалї Рањматов, сокини дењаи Солмолидашти Љамоати дењоти «Тољикистон»-и ноњияи Балљувонанд. Имрўз њафт писар ва њашт духтар номбардори онњо мебошанд. Холаи Шамсия 60 сол дорад. Писари бузурги ў Сайалї, 40- сола ва фарзанди хурдї, Раъногул 15 солаанд. Аксари фарзандони холаи Шамсия аз ноњияи Балљувон дар пайи зиндагї ва ризќу рўзии худ рафтаанд. Яке, дар муњољирати мењнатї, дигаре, дар идорањои давлатї машѓули коранд. Панљ фарзанди ин хонавода дорои маълумоти олї буда, соњибкасб шудаанд. Дигар фарзандон хонандаи мактаби миёна мебошанд. Дар ваќти суњбат бо холаи Шамсия пай мебарем, ки ў модари хушбахти даврон аст. Дар омади гап аз ин модар пурсон мешавам, ки дар тарбияи 15 фарзанд чї азобњоеро паси сар кардааст? Ў баъди сукути тўлонї табассумкунон мегўяд: «Албатта, таваллуди фарзанди зиёд ва тарбияи онњо кори сањл нест. Азоб њам буду хурсандињам. Ба ин њадяи илоњї шукр мегуфтам ва њама мушкилот фаромўш мешуд. Њангоме, ки фарзандонамон хурд буданд, ба хўрокаву пўшока таъмин кардани онњо танќисї мекашидем. Ба ин нигоњ накарда понздањ фарзандро тарбия намудем»,- афзўд холаи Шамсия. Оре, ин ќањрамонмодар понздањ фарзандро ба дунё оварда, калон кардааст. Шукрона аз он мекунад, ки дар кишвари ободу осоишта давлати пирї меронад. Фарзандонаш ба ѓамхории давлату њукумат фаро гирифтаанд ва имконияти тањсили касбомўзї доранд.

Дањ љигарбандаш соњиби оила ва фарзанд мебошанд. Робиямоњ, духтари дуюмии оила, бо ифтихор ва сипос аз волидайн њарф зада, мегўяд: «Волидайн моро новобаста аз душвории молиявї ва мушкилоти зиндагї хононданду пўшонданд ва маълумоти олї доданд, имрўз мо соњиби касби дилхоњу љойи кор њастем». Чун дар арафаи Рўзи модар ќарор дорем, Саидакбар, писари сеюмии ин оила, модараш Шамсияро бахшида ба ин рўз аз номи ањли фарзонадон табрик намуда, мегўяд: «Дустдоратон њастем то абад, идат муборак модарљон!». Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

мон илњомбахши пешвоњои миллат буданд. Онњо эњсоси боварї ба зарурати сулњу оштї, ба ояндаи дурахшони миллатро дар ќалби фарзандони худ љой карданд, мушовири беѓараз буданд, зеро модарон ба амри дилу имон гўш медоданд. Модарон њамеша ба сулњу осоиш, њамдигарфањмї ва фарњанги баланди њамзистии фарзандон ва ањли љомеа, афзалият медоданд, на ба чизи дигаре. Модарон њамеша аз истиќлол меболанд, аз истиќлоли фарзанд, ки ба њаёти мустаќил устуворона ќадам нињода, аз истиќлоли фитрию зењнии ањли љомеа, ки талоше барои рушду субот доранд ва истиќлоли давлатї, ки асоси сулњу оромиш ва кафили ояндаи рахшони њамватанон аст. «Бузургии њар миллатро, волоии љоњу фазлу хирадашро мизондори ваќту замон, дар муќоиса бо миллатњои дигар, аз муносибати олиљанобонаву эњтироми самимонаи ў, аз таъзиму суљуди орифонааш ба маќоми зан, ки офаридгори зиндагї ва худи миллат аст, чен хоњанд кард», - гуфтааст адибе. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон донистани ќадру ќимати модар ва њурмату эњтироми занро рисолат ва ќарзи њар як инсон

дониста, гуфтаанд, ки «мардон дар сурате ин рисолат ва ќарзро адо карда метавонанд, ки агар ба ќадри азобу ранљ ва шири поку љонбахши модарон, дилсўзиву ѓамхории бедареѓи занон ва хоњарону духтарон арљи шоиставу сазовор гузоранд. Худованд дар каломи осмонии худ - Ќуръони маљид њурмату эњтироми занон ва бо онњо бо некї рафтор карданро аз љумлаи вољиботи њар як мусулмон фармудааст. Њадиси љовидонаи Пайѓамбари ислом - «Бињишт зери ќудуми модарон аст» тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар њама њолат зан-модарро њамчун сарчашмаи њаёт эњтиром ва ќадршиносї намоянд». Имрўз занону модарони тољик њамсафу њамќадами замон буда, рисолати модариву ќарзи шањрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишњои наљибу волои инсонї, бахусус дар рўњияи баланди ватанпарастї тарбия намудани фарзандон, талќини андеша ва њувияти миллї, тањкими худогоњиву худшиносї ва ватандориву ватандўстї бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эњтироми ањли љомеа мебошанд. Гулшан ЉАЛОЛИДДИНОВА, омўзгор

Зан-кишоварз

Замин АЗИЗМОЊРО СОЊИБИ ХОНА ВА ЗИНДАГИИ ХУБ ГАРДОНИД Азизмоњ Мањмадиева аз љумлаи он бонувонест, ки дар соњаи кишоварзї муваффаќ гашта, рўзгори хонаводаашро аз ин њисоб пеш мебарад. Ў солњои зиёд аст, ки дењќонї мекунад. Мењри беандозааш нисбат ба замин ва кишоварзї зиёд буд, ки Азизмоњ соли 2005 хољагии дењќонии «Ширин»-ро таъсис дода, дар он боѓ бунёд намуд. - Ман дар ин кор бисёр хушнуд ва сипосгузор аз Пешвои миллат, Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошам. Чунки Сарвари давлат њамеша ѓамхор ва дастгирї мо-занони мењнатдўст буда, барои бењтар гардидани сатњи зиндагиамон мусоидат мекунад. Соли 2012 ин хонуми кишоварз аз ноњияи Абдуррањмони Љомї дар озмуни «Бонуи соњибкори сол» љоизаи «Фарањ» ширкат варзида, нимфиналисти номинатсияи хољагии ќишлоќ гардид. Тавре ки худи ў мегўяд: «Иштирок дар ин озмун ба ман љасорат бахшид, таљриба дод, муносибатњои дўстона ва кори маро бо дигар соњибкорзанони минтаќањои гуногуни кишвар пайваст. Мењрамро ба касбам афзуд ва нињоят 1,5 га зардолубоѓам ба 6 га расид». Баъд аз ин, ба гуфтаи ў, роњаш ба дењќонї кушода шуд. Аз тарафи Асостсиатсияи миллии занњои соњибкори Тољикистон њамроњи 18 нафар соњибкорзанони фаъоли љануби Тољикистон ба вилояти Суѓд рафт. Он љо бо кишоварзону

«Мо бояд бањри баланд бардоштани њисси худшиносии миллї, ифтихори ватандорї ва дар рўњияи инсонпарварї тарбия намудани насли наврас таваљљуњи аввалиндараља зоњир намоем». Эмомалї Рањмон

БОНУИ РАВШАНЗАМИР

ЗАН ОФАРИДГОРИ ЗИНДАГЇ ВА АВВАЛИН УСТОДИ ФАРЗАНД АСТ Бузургии зан-модар, пеш аз њама, дар он таљассум меёбад, ки ў чароѓи хонадон, идомадињандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоњдорандаи забон, таърих ва фарњанги миллї мебошад. Паёмбари ислом њазрати Муњаммад (с) дар яке аз њадисњои худ мефармояд: “Чањор чиз саодати шахс аст: њамсари шоиста, фарзандони хайрхоњ, рафиќони хуб ва рўзї дар ватан”. Ба ин маънї, ки агар занону модарон дар тарбияи фарзандони соњибмаърифату хайрхоњ ва дорои ахлоќи њамида кўшиш намуда, онњоро ба њаёти мустаќилона омода созанд, инсоният ба саодат мерасад. Дар њаќиќат, зан-модар аввалин устоди худшиносї, истиќлолхоњию ватандорист. Вай њидоятгари инсон ба њаёти мустаќил, озодии андешаю афкор асту тањрикдињандаи љомеа ба сулњу њамоиш. Зан-модар њомии хона, фароњамсози гармї дар муносиботи аъзои хонавода, кафили оромиш ва созандагии муњити оила ва њамин гуна, љомеа ва давлат аст. Зани тољик ба фарзанди худ истиќлоли фикрї, шахсї, вобаста набудан аз шахсеро омўзонидааст. Ва мањз њамин эњсос абармардони миллатро ба давлатсозию истиќлолиятхоњї равона сохтааст. Модарон дар њама давру за-

Олимањои мо

боѓдорон ва соњибкорони касбї вохўрда, табодули таљриба намуд ва боз њам кор омўхт. Аз боѓдорони пуртаљрибаи вилояти Суѓд 500 бех нињоли зардолуи мевааш хушкшаванда харидорї намуда, онро дар 2 га замин шинонд. - Ду сол пеш дар шимоли Тољикистон мањз дар айёми гулкунии дарахти зардолу њаво бенињоят сард омад ва ба боѓу зироати кишоварзон зарар расонид. Дар ин ваќт соњибкорони суѓдї њамкориро бо мо зич ба роњ монда, меваи зардолуи моро барои хушккунї харидорї намуданд, мегўяд Азизмоњ Мањмадиева. Баъзе хољагидорони собиќадор ба мо мегуфтанд, ки зардолупарварї дар шароити минтаќа даромаднок нест, – ба ёд меоварад апаи Азизмоњ. – Дар соли чањоруми парвариши боѓи зардолу сањмдорони хољагии мо боварї

њосил карданд, ки зардолу аз њама мањсулоти сердаромад аст, агар коркарди нињолњо дуруст ба роњ монда шавад. Њоло ин зани пуркор, дар маљмуъ, 16 га замин дорад. Дар боѓаш зардолую шафтолу, олую олича ва хурмо мепарварад. Дар боќимонда замин ба сабзавоткорї машѓул буда, як сол ќабл ба истењсоли кўчати помидору ќаламфури булѓорї низ бо усули муосир оѓоз кардааст. Ин тарзи истењсол ва парвариши кўчатро ба Азизмоњ ва садњо зани дигар Лоињаи «Соњибкории бонувон воситаи васеъ намудани њуќуќ ва имкониятњои занон» омўхт. - Бори аввал зимистони гузашта, парвариш ва истењсоли кўчати памидору ќаламфури булѓориро бо усули муосир дар гармхона ба роњ мондам. Агар мо њарчанд дертар ба ин кор шурўъ карда бошем њам, вале натиљаи зањматамон хуб шуд. Дар ин сол жола бориду нињолони помидори шинонидаи њамсояњоямро нобуд кард. Аммо мо корро тибќи тавсияњои агрономњои лоињаи болозикр ба роњ монда, сабзавоти худро эмин нигоњ доштем ва даромади хубу њосили фаровон гирифтем. Азизмоњ аз њисоби даромади буљаи хољагиаш нияти сохтани бунгоњи тиббї ва боѓчаи бачагонаро дорад. Амонљон МАЊКАМОВ, Низомиддин ИСОЕВ

Муаррифинома Сатторова Зебуннисо Мансуровна овони наврасиашро дар шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) гузаронида, мактаби миёнаро дар њамин љо хатм намудааст. Соли 1971 ба факултаи таърихи Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, соли 1975 онро ба итмом расонид. Аз соли 1976 дар ноњияи Љайњун аввал ба њайси омўзгор, баъд директори мактаб шуда кор кард. Солњои 1980 - 1992 дар ДДЌ ба номи Н. Хусрав фаъолият намуда, солњои 1993- 96 муовини раиси шањри Бохтар ва то соли 2000-ум мудири шуъбаи маориф шуда кор кард. Айни њол дотсенти кафедраи таърих ва њуќуќи ДДЌ ба номи Н. Хусрав мебошад. Номзади илмњои таърих, дорандаи медали «Хизмати шоиста». Оиладор, соњиби 4 фарзанд. Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њамасола дар Паёмашон ба Маљлиси Олии кишвар бо ифтихор таъкид месозанд, ки наќш ва маќому манзалати зан - модар дар рушди љомеаи башарї нињоят арзишманд аст, чунки имрўз бонуи тољик на танњо сарвари кордону муњаќќиќи донишманд, балки тарбиятгару омўзгори мењрубон аст. Мо тасмим гирифтем дар бораи яке аз чењрањои шинохта, бонуи равшанзамир ва модари дилсўзу мењрубон, олимаи маорифпарвар Сатторова Зебуннисо ќисса намоем. Зебуннисо худ зодаи шањри Бохтар буда, њанўз аз овони мактабхонї дар дил орзу мепарварид, ки омўзгор шавад. Касби интихобкардаи ўро падар, ки аз ањли уламо буд, чандон напазируфт, балки мехост, ки нахустфарзандаш дар мадраса таълим гирифта бибиотун шавад. Зебуннисо бо ифтихор мегўяд, ки падараш инсони дилсўзу мењрубон буд ва орзу дошт, ки духтараш дар зиндагї роњи дурустро

пеша намояд, ки то муњтољу вобастаи атрофиён нагардад. Аз ин рў, Зебуннисои љавон њам дарси ниёгон меомўхт ва њам дар мактаб аълохон буд. Пас аз хатми мактаб волидайн ўро ба Мањмадамин ном љавоне, ки донишљўи макотиби олї буд, ба шавњар доданд. Аммо то њанўз ў дар аќидааш устувор буд ва дилаш аз он гувоњї медод, ки соњибмаълумот мегардад. Хушбахтона, шавњари љавонаш розигї дод, ки њуљљатњояшро ба донишгоњ супорад. Акнун њарду дар факултаи таърих тањсил менамуданд. Зебуннисо соли 1976 Донишгоњи миллии Тољикистонро хатм намуд. Ў ки дар дил завќї омўхтани илми таъриху кишваршиносиро дошт ва чанде пас аз омўзгориаш ба Аспирантура дохил шуда, соли 1983 рисолаи номзадиашро њимоя намуд. Зебуннисои олима шабу рўз пайваста меомўхт ва асару маќолањои илмиаш рўйи чоп меомаданд. Китоби таълифнамудаи ў, ки «Хоксорї ибрати бузурги тарбиявист» ном дорад, бевосита ба масъалањои наќши волидайн дар таълиму тарбияи

МОДАР ФАРИШТА БУД… (Мухаммас бар ѓазали устод Озар) Модар агар набуд, љањон зебу фар надошт, Ин шоми зиндагонии мо як сањар надошт, Нахли умеди мо самару шоху бар надошт. "Модар фаришта буд, фаќат болу пар надошт, Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт". Бо он бузургворию одобу хулќи нек, Буд ў ба шодию ѓами фарзанди худ шарик, Дар мулки мењр буд ба ќасри вафо малик. "Ё дошт огањї зи пару боли хеш лек, Майли људо шудан зи ману аз падар надошт"... Бањрам зиёд ранљ кашидаст модарам, Буд ў ба кори зиндагї ѓамхору ёварам, Дасти навозишаш, ки буд њар лањза дар сарам. "Дар кўдакї ба модари худ хостам барам, Як њадя, лек љайби ман он лањза зар надошт". Бигзашт чанд рўзу мању сол дар миён, Рафт кўдакиву ман шудам огоњу нављавон, Дар печу тоби зиндагї бар њар тараф равон. "Зар ёфтам ба гоњи љавониву он замон, Љуз ишќи ёр сина њавои дигар надошт". Афсўс бахт њељ назад њалќаи дарам, То њадяи бигираму бар модарам барам, Сад фикри кору бори њаёт буд дар сарам, "Ваќти ба ёди њадя фитодам ки модарам, Рўи лабаш ба ѓайри "видоъ эй писар" надошт"... Сад дар ба рўи ин мани мискин кушода рафт, Дастам гирифт дар њаёт, аммо фитода рафт, Доѓи људоиву алам бар дил нињода рафт. "Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт, Аз бас илољ пеши ќазову ќадар надошт". Мафтун агарчї мазраи назмат накишта буд, Аммо дили фигор ба мењраш сиришта буд, Бар дафтари њаёт чу Озар навишта буд: "Модар фаришта буд, даќиќан фиришта буд, Њатто ба душ болу паре њам агар надошт". Ибодуллоњ Одинаи МАФТУН, ноњияи Љалолиддини Балхї

МОДАР сарљамъист Баробари ба забон гирифтани исми бузурги модар пеши назари инсон замони наврасї, навозиш ва садои ширини ў љилвагар мегардад. Инсон њамон замон ба бузургии модар сарфањм меравад, ки модарашро аз даст додааст. Зеро баробари аз љањон рафтани модар њама хубињо аз байн мераванд. Модар оромиши рўњ, сарљамъї, баракату нусрати зиндагї, модар фазилату њикмат аст. Исми зебои модар, ки аз панљ њарф иборат аст, зери њар як њарфи он њазору як маънї нињон аст: 1. М-Муќаддас, малак, марзаи сабзи њаёт; 2. О-Офтоби оила ва мунавварсози роњи умр; 3. Д-Дунё, дарё, дилгармии рўзњо; 4. А-Абри мењрбори фазои оила ва фарзандон; 5. Р- равшании дил, рафиќи мушфиќ; Зан-модар љону љонон аст, Дар ќудумаш бињишт ба фармон аст. Бердии Саймурод, ноњияи Кўшониён

фарзанд нигаронида шудааст. Ќобили зикр аст, ки дар солњои вазнини љанги шањрвандї ў бањри бањамоии мардуми гумроњзада ва дўстию рафоќати њамаи миллату халќиятњои дар Тољикистон сукунатдошта саъю талош менамуд. Мањз ќобилияти ташкилотчигию кордониш ин зани оќилаю фарњангдўстро ба инобат гирифта, соли 1993 ўро ба вазифаи муовини раиси шањри Бохтар таъин намуданд. Зиёда аз се сол дар ин вазифаи пурмасъулият пурсамар намуд. Сипас, ба кори маориф гузашт ва то то соли 2000-ум њамчун мудири шўъбаи маорифи шањри Бохтар ифои вазифа намуда, дар тарбия намудани омўзгорони љавон ва дар рўњияи худшиносии миллї, зиракии сиёсї ба камол расонидани љавонону наврасон њиссаи худро гузошт. Боиси ифтихор аст, ки ин бонуи маорифпарвар дар ин солњо њамчун вакили мардумии Маљлиси намояндагони шањри Ќўрѓонтеппа ва вилояти Хатлон бањри ободии диёри худ сањм гузоштааст. Зебуннисо Мансуровна лањза-

њои фарањбахшу хушбахтарини умри худро ба ёд оварда мегўяд: “Соли 2011 дар арафаи 20 солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар рўзњои сафарњои хизматии худ ба вилояти Хатлон шахсан маро дар ќатори як зумра пешсафон бо мукофоти давлатї, медали «Хизмати шоиста» ќадрдонї намуданд, ки дар њаёти худ воќеиёти нотакрору хушбахтарин мењисобам”. Дар њаќиќат сањифањои рўзгори ин зани оќилаю равшанзамир пур аз мењру садоќати бепоён ба ватан ва халќу миллати тољдори хеш буда, худ нурбахши ќалбњо ва неруи пешбарандаи љомеаи навини мо мебошад. Њарчанд синни муаллимаи таърихшинос ба љое расида бошад њам, вале ќалби ў љавон аст ва мењри омўзгорї ва садоќати бепоёни шогирдонаш намегузорад, ки вай дур аз боргоњи илму маърифат бошад. Олимаи шинохта ва модари мушфиќу мењрубон Зебуннисо Сатторова њоло ба њайси дотсенти кафедраи таърих ва њуќуќи ДДЌ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад ва дар дилу дидаи шогирдонаш њамеша завќи омўзиши таърихи тамаддунофари кишвари азизи худро бедор месозад. Бузургон фармудаанд: Агар дар љањон набвад омўзгор, Шавад тира аз бехирад рўзгор. Шиори ин зани оќилаю равшанзамир дар кору зиндагї хизмати софдилона ва беѓаразона намудан ба ватану халќи азизи худ, бањри шукуфоии кишвари бињиштосои Тољикистони соњибистиќлол мебошад. Музаффар Муродов, бойгоншиноси дастгоњи раиси вилояти Хатлон

Њамрози ситорањо Манзура дар Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, ки яке аз сохторњои бисёр серкору серташвиш аст, солиёни зиёде фаъолият мекунад. Ў бо кордонии худ сазовори њурмату эњтироми њамкасбон гардидааст. Чун дар масъалаи кадрњои сохтор вобаста ба дигаргунињо, ки тез-тез рўй медињад, сухан равад, њаминро гуфтан мумкин аст, ки шояд на њар кас мутахассисони нав ба коромадаро аз њудуди вилоят шиносаду донад, вале Манзура дар ин бобат махзани маълумотњост. Мазмун, њар як кормандро њатто аз ноњияњои дурдаст ном бо ном медонаду мешиносад. Агар лозим ояд, дар бораашон маълумотњои заруриро ёфтаю пешнињод мекунад. Сармутахассиси бахши кадрњои вилоят Барно Мўсоева нисбати њамкораш Манзура Ќурбонова назару нигоњи нек дорад. Ўро яке аз кормандони фаъолу бењтарин медонад. -Дар бахш, ки њар рўз ба ин љо дањњо нафар бо масъалањои гуногун мурољиат менамоянд, кор кардаю дилёбї намудан осон нест, - мегўяд ў, - вале Манзура ќобилияти баланди инсонгарию одамшиносї дорад. Боре нашудааст, ки вай бо касе муомилаи сарду даѓалона карда, ўро ранљонида бошад. Њарчанд њалиму мењрубон аст, лекин ба манфиати кор сахтгир мебошад. Оре, ботини Манзура Ќурбонова чунин поку беолоиш сиришта шудааст. Мехоњад дар лањзањои тангию навмедї ба њамкору њамкасбон дасти ёрї дароз намояд. Онњоро бо суханони самимию мењромез рўњбаланд созад. Нагузорад, ки касе ошуфтаю озурдахотир аз наздаш берун равад. Аммо чї тавре сармутахассиси бахши кадрњо дар боло иброз дошт, нисбати вазифаи хизматиаш хеле серталабу сахтгир асту камбудињоро намебахшад. Мехоњад чун ў дигарон низ мисли аќрабаки соат њамеша дар гардишу таппиш бошанд ба манфиати кору пайкори имрўза. Дар фаъолияти Манзура њамчун рўзноманигор боз як чизи дигарро низ мушоњида кардам. Ваќте ки дар бахши ташкили гардиши њуљљатњо ва коргузории раёсат аз нарасидани мутахассисон он лањзае холї мемонад, њатман маъмурият Манзураро дар ин љо барои корбарї масъулу вазифадор менамояд. Масъулу

вазифадор аз он хотир, ки њар рўз ба бахш аз маќомотњои болої, инчунин нозиротњои њудудии андоз ва андозсупорандагон дањњо мактуб ворид мегардад. Њамаи онњоро бехато љо ба љо кардану ба шуъбањо таќсим намудан ва гардиши љавобњояшонро назорат бурдан кори чандон сањлу осон нест, вале Манзура аз уњдаи он ба осонї мебарояд. Љомеа занро баландовоз кард, Бо мању исторањо њамроз кард. Бо шарофати соњибистиќлолии ватан ва дастуру супоришњои Асосгузори сулњу Вањдат, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон имрўзњо занону духтарони лаёќатманд чун Манзура дар тамоми соњањо кору фаъолият намуда, бо мењнату зањмати худ дар пешрафти љомеаи навин њиссаи арзанда мегузоранд. Аз он болидахотиранд, ки љомеаи имрўза ќадру манзалати онњоро медонаду мешиносад. Ба ќавли дигар љомеаи демократию њуќуќбунёд њоло занону бонувонро дар замин бо маънои томаш њамрози моњу исторањо гардондааст, ки мо онро дар симои мутахассиси бахши кадрњои Раёсати андози вилояти Хатлон Манзура Ќурбонова мебинем. Чун имрўз љашни бошукуњу хотирмони модарон аст, дар симои Манзура Ќурбонова тамоми модарону бонувони иззатмандро ба муносибати идашон табрику муборакбод намуда, барояшон тандурустию комгорї ва дар иљрои вазифањои пурмасъули хизматиашон бањри шукуфоию сарсабзии Ватан комёбињо таманно дорем. С. Баёзї


Гулнисо: «Бо ќањрамонии шавњарам ифтихор мекунам» Бо фармони Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон полковники тољик Хайриддин Ањтамов барои љасорат ва мардонагї њангоми њимояи сарњади давлатї (баъди маргаш) бо ордени «Спитамен дараљаи I» сарфароз гардонида шуд.

Хайриддин Ањтамов, собиќ сардори отряди сарњадї дар ноњияи Шамсиддин Шоњин, дар задухўрди мусаллањона њангоми пешгирии убури ѓайриќонунии ќочоќбарони афѓон ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ќањрамонона њалок гардид. Ин мукофоти давлатиро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллї, фармондењи Ќўшунњои сарњадии КДАМ генерал-полковник Раљабалї Рањмоналї дар њузури фарзандон, наздикон ва њамхизматони марњум ба Гулнисо Нозимова, њамсари Хайриддин Ањтамов супорида, аз љумла ў зикр намуд: “Роњбарияти Љумњурии Тољикистон ва миллати бошарафи тољик њељ гоњ фарзандони шуљоъ ва ќањрамони худро фаромўш намекунанд”. Муњаммад Улўѓхољаев, сухангўи ин нињод, дар суњбат ба рўзномаи “Хатлон” гуфт, ки бо ташаббуси фармондењии Ќўшунњои сарњадии КДАМ

манзили истиќоматии оилаи полковник Хайриддин Ањтамов пурра таъмир гардида, бо таљњизоти замонавї таъмин карда шуданд. - Мо њељ гоњ намегузорем, ки њамсару фарзанди њамяроќи мо худро танњо њис кунанд, зеро Хайриддин Ањтамов барои таъмини амнияту сарњад љони худро сипар кардааст. Ёду ќањрамонињои ў њамеша дар ќалби мо њаст ва мемонад, - иброз дошт Бадриддин Мирзоев, полковник, муовини фармондењи Ќўшунњои сарњадии КДАМ Љумњурии Тољикистон оид ба корњои сиёсї-тарбиявї. Њамчунин, афсари Ќўшунњои сарњадї Шуњрат Рањмонализода аз љасорату мардонигї ва хизмати содиќонаи ин њомии ватан ёд намуда, гуфт, ки Хайриддин Ањтамов њамеша дар сафи пеши амалиёти машќиву љангї ќарор дошт. Њељ гоњ намегузошт, ки аскарони ќаторї дар сафи пеш бошанд, балки аввал худ пеш баромада ба афсарон намунаи олии

љасуриву далериро нишон медод. Подполковник Назрулло Башшолов, њамхизмати Ањтамов, мегўяд, ки марги ќањрамононаи полковник Ањтамов Хайриддин барои афсарону низомиёни ќатории Ќўшунњои сарњадї талафоти калон аст. Ў дар хотираи мо њамчун афсари кордон, ватандўсти асил, муборизи зидди ќочоќчиёну вайронкунандагони сарњади давлатї ва дўсти дардошно наќш хоњад баст. Ёдовар мешавем, ки шоми 2 декабри соли гузашта дар дидбонгоњи сарњадии «Бањорак»-и отряди сарњадии «Шўрообод» (ноњияи Шамсиддини Шоњин) гурўњи мусаллањи ќочоќбарони афѓон кўшиш карданд, ки бо маводи мухаддир вориди марзи Љумњурии Тољикистон шаванд. Љинояткорони мусаллањи афѓон ба огоњии онњо итоат накарда, ба тарафи сарњадбонони тољик оташ кушоданд. Дар натиља, сардори отряд полковник Ањтамов Хайриддин Талбакович зимни ин амалиёт ќањрамонона ба њалок расиду чор нафар сарњадбонон захмдор шуданд. Аз оташи љавобии марзбонони тољик се нафар ќочоќбари афѓон безарар гардонида, боќимонда бо истифода аз торикии шаб ба хоки Љумњурии Исломии Афѓонистон паноњ бурданд. Баъди аз назаргузаронии љойи њодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Масъулини Ќўшунњои сарњадии КДАМ Љумњурии Тољикистон гуфтанд, ки фар-

занди содиќи ватан, муњофизи марзу буми мењан аз дасти нољавонмардон ба њалокат расонида шуд, вале њазорон њазор пайравону њамсафони ў кори ўро идома дода, намегузоранд то нохалафе ќадами нопоки худро ба ин сарзамини муќаддас гузошта, хокашро олуда гардонад. Хайридин Ањтамов шањиди роњи адолат, љонфидои миллат, њомии њаќиќии марзу бум буд, ки ному ќањрамонии ў дар ќалбу ёди њар як сарњадбону њар як фарди тољик боќї хоњад монд. Ба ќавли шоир:

Њамсари марњум Гулнисо Нозимова бо дили реш аз шавњари дар роњи њифзи Ватан шањидгаштааш ёдовар шуда мегўяд: Марги Хайриддин барои оилаи мо дарду ѓам ва мусибати калон буд. Акнун бо нолаю фиѓон, зорию тавалло ўро дигарбора ба њаёт баргардонида наметавонам. Таскини ягонаам ин аст, ки ў љони худро барои њифзи хоки муќаддаси ватан, њимояи марзу буми Тољикистони азиз нисор намуд. Бо бањои љон нагузошт, ки нохалафоне бо нияти ќочоќи маводи мухаддир марзи мењани моро убур карда, ба ин мулки ободу озод доруи маргро интиќол дињанд. Бале, аз њушёрию зиракии марзбонони мо ќочоќчиён ба маќсади нопокашон нарасиданд. Аммо аз тири онњо шавњари ман ба њалокат расид. Аз Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон сипосгузорам, ки маро танњо намегузоранду ба оилаи мо кумак мекунанд. Њамчунин, ўро бо мукофоти давлатии ордени «Спитамен дараљаи I» сарфароз гардонида, хотираи шавњарамро гиромї доштанд. Фаромўз БОБОЕВ, “Хатлон”

НОМ ЧУ ЉОВИД ШУД, МУРДАНАШ ОСОН КУЉОСТ Лўхтак чизи одиест, ки аз чўб, парчаи коло, пахта, риштањои рангин, тугмаву муњраву нигин омода мешавад. Чизи одист, аммо њангоми бозї бо он кўдакон аз инљиќї дар канор мемонанд, бо он бозї мекунанд, гап мезананд, механданд, гоњо ќањрї мешаванд, гоњо оштї мекунанд. Кўдакон дар њини бозї ба лўхтакњо вазифаву наќшњои мухталифро медињанд. Махсусан, духтарчањо ба лўхтакбозї њаваси беандоза доранд. Онњоро ба таври њаќиќї дўст дошта, нигоњубин мекунад. Лўхтакбозї дар кўдак њиссиёти модариро бедор менамояд. Яъне кўдак нисбати зоча ѓамхории модарона зоњир карда, рафтор ва муносибатеро, ки модараш нисбати ў менамояд, духтарча нисбати зочаааш такрор месозад. офаридааст. Сад дареѓ, ки холаи Хумор дунёи фониро падруд гуфтааст. Аммо мањсули њунари зебои мардумиаш номи ўро зинда медорад. Њоло духтари холаи Хумор – Сурайё Гулматова (дар акс) касби модарашро идома медињад. Чї хуш, ки ин њунарманд дар баробари њунари воло доштанаш боз рў ба мутолиаи китоб овардааст. Аз олами «Афсонањои халќи тољик» бохабар будааст, онњоро мутолиа менамудааст, аз онњо лаззат бурда, бо тахайюли бойи хеш ќањрамонони ин афсонањоро дар шакли лўхтак офаридааст ва пешкаши мардум, бахусус кўдакон, гардондааст. Муњимаш он ки тавассути лўхтакњои сохтааш кўдакон дар рўњияи ахлоќи шоистаи инсонї тарбия меёбанд. Онњо њангоми бозї бо лўхтакњо мењрубон будан, гапдаро будан, хушмуомила буданро ёд мегиранд. Кўдакон бо лўхтакчањо чунон унс мегиранд, ки лањзаи бењтарини умр ва ваќти ќиммати хешро бо онњо мегузаронанд ва њама мењру муњаббат ва садоќату дўстдориашонро ба онњо мебахшанд. Ин њама хислати накў дар ќалбашон љо мегирад ва то нафаси охирини умр пойбарљо мемонад. Тамоми ањли дењ дар бораи Хумор Азимова бо муњаббат сухан гуфта, аз ў ба некї ёд мекунанд ва мегўянд, ки холаи Хумор як шахси фарзона буду хизмат ба мардумро савоби бузург медонист. Номи ин њунарманди рангинхаёл, ки дили њазорон кўдаконро пур аз шодиву фарањ мекардааст ва ба њазорон хонањо бо ин дастранљи хеш зебоии хоса зам менамудааст, то абад дар ёдњо ва ќалбњо боќист, зеро њама мардуми ноњия бо ифтихор номи лўхтаксози моњир - холаи Хуморро пайваста бо мењр ба забон меоранд. Хуморе, ки љон ба Љонофарин таслим намудаву умед мебандем, ки чун мањбубтарин бандаи Худованд дар фирдавси барин манзил гирифта.

МУСОБИќАИ ВОЛЕйБОЛ БАЙНИ БОНУВОН Бо ташаббуси Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шањри Бохтар мусобиќаи вилоятї оид ба волейбол байни бонувон бахшида ба Рўзи модар доир гардид. Дар мусобиќа 210 нафар духтарон дар њайати 15 даста иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоњи чорабинї Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Љ. Исматуллозода, сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон, мураббиёну устодо-

ни варзиш ширкат намуданд. љамъбасти мусобиќа ѓолибонро муайян намуд. Љойи аввал насиби дастаи ноњияи Абдуррањмони Љомї, љойи дувум ноњияи Љалолиддини Балхї ва љойи севумро шањри Бохтар соњиб гардиданд. Њамчунин, ба ѓолиби мусобиќа дастаи волейболбозони ноњияи Абдуррањмони Љомї Љоми раиси вилояти Хатлон супорида шуд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

Аммо ин њунари волои Хумор Азимова, ки аз худогоњ, хештаншинос, фарњангиву бомаърифат ва мењнатдўст буданаш шањодат медињад, номи ўро зинда нигоњ медорад. Њамакнун љигарбандонаш идомадињандаи кору пайкори модар њастанд, зеро онњо аз модари њалолкору боиффат ва њунардўсташон нозукињои ин касбро ёд гирифтаанд. Айни њол масъулони осорхонаи таърихї-кишваршиносии ноњияи Носири Хусрав чанд намунаи мањсули дасти ин њунарманди зиндаёдро дар гўшаи алоњида љо дода, онро њифозат менамоянд ва барои мењмонону сокинони дигари ноњия чун дастоварди ањли њунари ин мањал намоиш медињанд. Зањмати Хумор Азимоваи њунарманд ва духтараш Сурайё шоистаи тањсин аст. Чї хуш аст, ки ин гуна њунармандон бо рушди њунару малакаи хеш дар ташаккули фарњанги миллї ва арзишњои маънавї сањми бориз мегузоранд. Њангомаи ИСМАТ, Сумангул АСАДБЕК

Ба хотири дар сатњи баланд истиќбол гирифтани љашни Наврўзи байналмилалї дар ноњияи Вахш бо назардошти наќши зан дар љомеа, тарбияи љавондухтарон дар рўњияи зебоидўстї ва ахлоќи њамида, озмуни ноњиявии «Маликаи Наврўз» бо иштироки беш аз 20 нафар гулдухтарон баргузор гардид.

ОЗМУНИ «МАЛИКАИ НАВРЎЗЇ» ДАР ВАХШ Дар ќисмати аввали чорабинї љавондухтарон мањсули њунари дастони худро ба маъраз гузоштанд. Њайати њакамони озмуни «Маликаи Наврўз», ки дар он намояндаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, бахши кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф шомил буданд, аз намоиши пешкашнамудаи гулдухтарон, ки фарогири зиёда аз 30 намуди мањсулоти нонї ва

Конфронси илмї-амалї

НАЌШИ ВАО ДАР ТАШАККУЛИ ЭЊСОСИ ВАТАНДОРЇ ВА МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОЇ 28 феврал дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоњин конференсияи илмї-амалї дар мавзўи «Наќши ВАО дар ташаккули эњсоси ватандорї ва мубориза бо ифротгарої» баргузор гардид.

Ман намегўям, ки ў аз дори дунё рафтааст, Љойи ў дар дида буд, акнун ба дилњо рафтааст.

Бонуи њунарманд

Лўхтаксозї кори осон нест. Аз риштаву сўзан, пораи коло ва пахтаву муњраву нигин «одамак» сохтан аљаб кори мушкилест. Сохтани лўхтаки шабењи одам. Чї эъљозу сењре дорад он. Дар рафњои маѓозањои бозичањои бачагона ва бозорњои кишвар лўхтакњои шабењи одаму њайвонњо ба њар намуду ранг истода, назари бинандаро ба худ мекашанд. Аз тамошои онњо одам лаззат мебарад, ба дунёи рангини кўдакон ворид мегардад ва боз мехоњад, ки аз нав кўдак шавад. Кўдаке, ки ба љуз бозича «касе» ва чизи дигари ќимату дўстдоштанї дар дунё надорад. Бозї бо лўхтак воситаи муњимтаринест, ки дар тарбияи ахлоќии кўдакон наќши муњим мебозад. Сохтани лўхтак, ки эъљози дасти њунарманд аст, аз тафаккури воло, маданияти баланд ва муъљизаофар будани дастони инсон дарак медињад. Дунёи лўхтаксоз аљаб рангин аст. Дунёи пурфасонаву пурэъљоз. Дунёи пур аз ќањрамониву љасорату шуљоату мардонагї. Дунёи зебої ва билохира, дунёи беназир, ки гўё Худованд онро фаќат барои ин инсони њунарманди гулдасту муъљизаофар офарида бошад. Дар рўзњои намоиши њунарњои мардумї, ки дар маркази ноњияи Носири Хусрав баргузор гардид, аз тамоми гўшаву канори ноњия њунармандони бисёре бо маќсади муаррифии мањсули дастони хеш ширкат намуданд. Дар чорабинии фарњангї бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018, мањсули офаридањои њунарманди лўхтаксоз Хумор Азимова ба маъраз гузошта шуда буд, ки бисёр назаррабо буданду дилкаш ва ба иштирокдорон маќбул. Ду њуљраи хонаи ин њунармандро, ки дар Љамоати дењоти «Истиќлол»-и ноњияи Н. Хусрав воќеъ аст, пур аз лўхтак, ки шабењи ќањрамонони афсонањои халќї аст, дарёфтем. Ин њунарманди лўхтаксоз аз тахайюли бою рангини хеш моњирона истифода намуда, лўхтакњоро дар наќши ќањрамонони афсонањои халќї хеле олї

3

ХАТЛОН

сешанбе, 6 марти соли 2018, №8 (3145)

њунари дўзандагї буд, дидан карданд. Ба аќидаи иштирокчиён баргузории чунин озмуну чорабинињои таблиѓотї бањри рушди њунари бонувон, омўзиши мањорати якдигар, њамзамон омода гардидани онњо ба зиндагии мустаќилона ањамияти муњим дорад. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»

Дар њамоиши мазкур, ки бо ибтикори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоќи журналистони Тољикистон барпо шуд, сармуњаррирони тамоми нашрияњои вилоятї, шањрию ноњиявї, намояндагони ВАО-и љумњуриявию байналмилалї, собиќадорон ва алоќамандони матбуот иштирок доштанд. Конфронсро сармуњаррири рўзномаи «Хатлон» Асалмо Сафарова ифтитоњ бахшида, доир ба наќши воситањои ахбори омма дар пешгирии шомилшавии љавонон ба њизбу њаракатњои иртиљої, пайомадњои ба истилоњ «тањољуми иттилоотї» ва зарурати боз њам фаъолтар будани рўзноманигорон дар муќобили ин њама тањдидњои љањони муосир сухан гуфт. Раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон, њамзамон директори муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тољикистон Зинатулло Исмоилзода зимни ироаи маърўзааш дар мавзўи «Раќобатпазирии ВАО дар шароити муосир» аз љумла таъкид кард, ки дар шароити вусъати терроризм ва экстремизми мазњабї ва љиноятњои фаромиллї, муборизаи шадид дар бозори геополитикии љањон иттилоот силоњи асосї мањсуб мешавад. Аз нигоњи раиси ИЖТ, муњимтарин тадбир дар бобати таъмини амнияти фазои иттилоотї њамкории зичи се бахш: љомеаи шањрвандї, давлат ва воситањои ахбори омма мебошад. Ин њамкории пурарзиш метавонад ва имкон фароњам меорад, ки барои пешгирии тањдидњои иттилоотї омода бошем. “Яке аз тањдидњои дучоршаванда монополизатсияи бозори иттилоотии Тољикистон ва сохторњои алоњидаи он аз тарафи сохторњои иттилоотии ватаниву хориљї мебошад. Таъкиди ин нуќта бо он бештар асоснок мешавад, ки тайи солњои охир кишварњои олам, чї абарќудратњо ва чї мамлакатњое, ки даъвои соњибнуфузї дар минтаќа доранд, ба таври бесобиќа сохторњои иттилоотии худро пурзўр мекунанд. Ин раванд њатто аз даврони ба истилоњ «љанги сард» низ вањимтар ба назар мерасад, зеро сохторњои итттилоотї ба воситањои таблиѓи хушунату зўроварї ва тањдид табдил меёбанд. Масалан, имрўз дар кишвари њамсояи мо – Афѓонистон дар баробари дигар васоити иттилоотї радиои ба ном “Давлати исломї” фаъолияти худро пеш мебарад ва маълум аст, ки он манбаи тарѓибу ташвиќи чї идеяњоест”, - зикр кард З. Исмоилзода. Ба андешаи раиси ИЖТ, дар чунин шароити душвори геополитикї Тољикистон барои њимояи фазои иттилоотиаш бояд панљ тадбирро рањандозї намояд. Яке аз онњо пешнињоди муњтавои сифатноки телевизионњои миллист, зеро рў овардани мардум ба шабакањои беруна ва манбаъњои иттилоотии бегона, бешубња, мухотабонро дар зери таъсири шабакањои бегона боќї нигоњ медорад. Инчунин, омода намудани мутахассисони соњаи васоити ахбор ва хусусан онњое, ки бо забонњои англисї, русї, чинї мавод пешнињод карда тавонанд, пойбарљо будан дар баробари нуфузи садњо сомонањои интернетї ва тањољуми иттилоотї, такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони васоити ахбори омма, бењбудї бахшидан ба вазъи воситањои ахбори омма дар музофот бас муњим аст. - Табиист, ки айни њол вазъи ВАО дар минтаќањо касеро ќонеъ карда наметавонад, - идома дод раиси ИЖТ. - Алњол дар Љумњурии Тољикистон нусхаи интишороти матбуот 187 њазор нусхаро ташкил медињад. Ин ба њар 4 миллион хонандаи имконотї 00.3 нусха ё бо аломат 127 аломат, яъне сатр ташкил медињад. Њафтанома, моњномањо ва гоњномањои шањрию районї дар фазо ва майдони иттилоотї њиссаи ночиз доранд. Аз сабаби фаъолияти мунтазам надоштани онњо дар минтаќањо љавононе, ки журналистикаро интихоб мекунанд, таќрибан минбари нашри маводи шогирдонаи худро надоранд. Ин аст, ки аксари онњое, ки ба факултаи журналистикаи донишгоњњо њуљљат месупоранд, таљрибаи њамкорї бо нашрияњоро надоранд. Њол он ки чанд сол пеш шарти асосии ќабул ба факултаи журналистика доштани тавсиянома аз редаксияи нашрияњо ва пешнињоди маводи нашргардида буд. Ин анъанањоро эњё намудан боиси нуфузи нашрияњои мањаллї мегардад. Дар њамоиш таъкид гардид, ки њамкории зичи маќомоти њокимияти давлатї дар мањалњо бо нашрияњои музофотї ногузир аст, зеро воситањои ахбор бояд фаќат дар зоњир минбари њокимияти мањаллї набошанд, балки дар амал минбари тањлилу баррасии вазъи сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангии музофоти кишвар бошанд. Тањлилњо нишон медињанд, ки мардум бештар ба

манбаи мањалии ахбор бовар мекунанд ва авлавиятро ба хабарњои мањалливу минтаќавї медињанд. Ин нуќтаро бояд сармуњаррирони васоити ахбори умуми чопї ва электронї ба назари эътибор гиранд ва муњтавои нашрияњо ва шабакањои телевизиониву радиоии худро ба тартиб дароранд. Тибќи пурсише, ки дар Муассисаи давлатии «Академияи воситањои ахбори оммаи Тољикистон» гузаронида шудаст, дар ВАО баъзе кормандон давоми 10-15 соли охир умуман бозомўзиро нагузаштаанд. Бешубња, ин боиси поин рафтани мањсули журналистї ва канор рафтан аз тањлили љиддии масоил мегардад. Барои њамин, тавре дар њамоиш ишора

шуд, бояд ба такмили чандзинагии ихтисоси кормандони воситањои ахбори омма таваљљуњи хоса зоњир гардад. Зеро љомеаи иттилоотї хеле дар равнаќ аст ва бо суръати кайњонї пеш меравад. Дар баробари ин, рушди босуръат кормандони эљодиву техникї бояд бо донишњои назариявию амалии соња мусаллањ бошанд ва тавонанд муњтавои барномаву навиштањояшонро такмил дињанд. Дар идома, роњбари идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Њамро Салимов дар мавзўи баланд бардоштани њисси ватандўстї ва ифтихори ватандорї дар ВАО-и электронї маърўза карда, аз љумла ќайд кард, ки љомеаи журналистї ва њар фарди бонангу номуси Тољикистони мањбуб бояд њамеша ин њарфи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмонро ба ёд дошта, сармашќи фаъолияти худ ќарор дињад: «Идеали сиёсии мо Вањдати миллї, муттањидию ягонагї, дўстию бародарї ва пешрафти Ватани азизамон мебошад». Дилором Мањкамова, мудири кафедраи рўзноманигории ДДЌ ба номи Носири Хусрав, дар мавзўи «Тарбияи ватандўстии љавонон тавассути публитсистикаи сиёсии тољик» маърўза карда, иброз дошт, ки публитсистикаи сиёсии тољик аз аввалин мурољиатњои Роњбари давлат Эмомалї Рањмон ба мардуми Тољикистон оѓоз меёбад. “Чунки дар он айём масъалаи фирориёни тољик, баргардонидани онњо ба ватан, таъсир ба эњсоси ватандории онњо яке аз масъалањои муњимми сиёсати онваќта буд. Ба ѓайр аз ин, публитсистону сиёсатмадорони номии он давра А. Достиев, И. Усмонов низ дар осори публитсистии худ масъалаи мењанпарастию ватандорї, арљ гузоштан ба муќаддасоти миллиро муњим шуморидаанд”, - идома дод Д. Мањкамова. Унвонљўи ДДЌ ба номи Носири Хусрав Н. Маъмурзода дар мавзўи «Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар» ё муњтавои мусоњибањо бо гумроњони нањзатї» сухан гуфта, аз силсилаи мусоњибањои ихтисосиаш бо собиќ муњассилони мадрасањои ѓайрирасмии исломии хориљї, пайравону таблиѓгарони ТЭТ ЊНИТ ва фошкории њадафњои уѓризонаи ин ташкилот ёдовар шуд. Аз љумла ќайд гардид, ки мањз фазои холии идеологї, сиёсатњои бепояи нобањангом, вањшонияти сиёсиву ќатлу куштор, радикализми сиёсї ва иќтисодї, буњрони маънавї, хурофоту мавњумпарастї аз сабабњои аслии сар задани љанги шањрвандї буданд ва имрўз, дар замони бадалшавии идеологияњо, тањољуми иттилоотию тањмилсозии ѓояњои бегона, ВАО њамчун институти фаъоли љомеаи шањрвандї ва ташакулдињандаи афкори созанда бояд сањми худро дар тањкими сулњу субот, сарљамъии миллат ва ташаккули эњсоси ватандорї гузоранд. Дар ин конфронс таъкид гардид, ки бо вуљуди нияти неки роњбарияти давлату њукумат, бахусус Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, барои таъмини сулњу њамзистии осоишта ба хотири ояндаи неки миллату мењан, аъзои ЊНИТ аз аввал ба ташкил ва иштирок

дар иттињодияњои љиноятї, даъватњои оммавї барои бо роњи зўроварї таѓйир додани низоми ќонунии Тољикистон ва барангехтани адовати динї барои ноором кардани вазъи сиёсї дастбакор шуданд. Дар ѓояњое, ки ЊНИТ талќин мекард, љойгоњи миллат, давлатдорї ва арзишњои миллї холї буд. Масалан, танњо дар солњои 2010-2015 45 нафар аъзои ин њизб љиноятњои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба 34 нафари онњо ќарорњои нињоии судї ќабул гардиданд. 23 нафар аъзои Њизби нањзати исломии Тољикистон, аз љумла аъзои Раёсати олии он бинобар даст доштан дар содир намудани љиноятњои хусусияти экстремистї ва террористидошта ба љавобгарии љиноятї кашида шудаанд. Ногуфта намонад, ки ТЭТ ЊНИТ бо таъсиси расонањо ва бо истифода аз шабакањои иљтимої њанўз њам талоши таъсиргузорї дар афкори оммаро дар дохили Тољикистон дорад. “Зархарид”они ин ташкилот бо нашри шарњу аќидањои ифротї, баёнияњои ѓаразолуд, носазогўињо мехоњанд фазои иттилоотиро халалдор ва мардумро дар муќобили њукумати феълї зењнсозї созанд. Аммо тољикистонињо аз асли њадафњои ин гурўњњои иртиљої, аз он ки барои бароварда сохтани маќсадњои худ чї гуна аз номи дини мубини ислом сўйиистифода мешуд, хуб бархўрдоранд. Имрўз журналистон ва ВАО метавонанд ва бояд њам дар муќобили чунин “љангњои иттилоотї” чун василаи муассири дифоъкунандаи манфиатњои миллию давлатї ва ташаккулдињандаи афкори солиму созандаи мардум хизмат кунанд. Мусоидат намудан ба ташаккули

шахсият, шахсияте бо эњсоси баланди ватандўстї, шахсияте, ки ифтихори миллї дошта бошад, шахсияте, ки дар њама њол ба манофеи миллию давлатї авлавият дињад, нафаре, ки сатњи баланди ахлоќ, љањони ѓановатманди маънавї дошта, масъулиятшиносу созанда ва тањаммулпазиру худогоњ бошад, на танњо вазифаи аслии оила, љомеа ва давлат аст, балки яке аз самтњои фаъолияти васоити ахбори омма бояд бошад. Зимни муњокимаронињо дар конфронси илмї-амалї таъкид гардид, ки дар љанги иттилоотї танњо бо иќдоми хайриявї ва њисси ватандўстї ѓолиб шудан имконнопазир аст. Њукумат пойгоњи моддї-молии ВАО-ро сарфи назар аз шакли моликияташон дастгирї бояд намояд. Дар ин росто тањияи њар чї зудтари Стратегияи миллии дастгирї ва рушди ВАО-и миллї аз муњимтарин тадбирњо ба шумор меравад. Њамзамон, вусъати фаъолияти воситањои ахбори оммаи Тољикистон дар шароити њассоси кунунї, албатта, аз менељменти дурусти идорї, фаъолияти босамари риштањои эљодиву техникї ва стратегияи дурусту мушаххаси онњо низ вобаста мебошад. Сармуњаррири рўзномаи «Хатлон» Асалмо Сафарова дар љамъбасти кори конфронси илмї аз фаъолияти журналистии худ дар солњои љанги шањрвандї ёдовар гардида, гуфт, ки Тољикистон баъди соњибистиќлолї солњои љангу љидол ва пурошўберо аз сар гузаронд. Журналистон њам дар ќатори њамон мардум аз миёни обу оташ гузаштанд. Вале њама маќсаду маромашон танњо иборат аз он буд, ки дар роњи зањматдўстї, ватанпарварї, созандагию ободгарої ва бењдошти ахлоќии мардум сањм бигиранд. Њамарўза дар ин рањ худашон пешсаф буданд ва дигаронро низ дар ин љода рањнамої менамуданд. «Имрўз њам вазифаи аввалиндараљаи эљодкорони вилоят, чун њамеша тарѓибу ташвиќ намудани сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон мањсуб меёбад. Аз љониби дигар, журналистони вилоят дар роњи ободиву созандагї сањми арзандаи худро мегузоранд. Вазифаи аввалиндараљаи њар як журналист дар њар давру замон, пеш аз њама, воќеъбинона инъикос намудан ва нигоштани њаёти љомеа аст. Итминон бар он дорам, ки ќаламкашони вилоят аз ин пас низ солњои зиёде бањри пешрафти њаёти љомеа, тањкими сулњу субот ва тарбияи ватандўстии зањматкашон наќши муњим хоњанд гузошт», - афзуд А. Сафарова. Пас аз ироаи маърўза ва муњокимаронињо дар конфронс, маросими супурдани шањодатномањои узвият ба аъзогии Иттифоќи журналистони Тољикистон, ки дар ВАО-и мањаллї фаъолият доранд, барпо шуд. Њамзамон, аз љониби раиси ИЖТ З. Исмоилзода ба чанде аз собиќадорони матбуот, аз љумла Саидалї Бобохонов, Боймурод Саидалиев, Њусейн Мирзоев, Наљот Сафарзода, Асалмо Сафарова, Азизи Фаттоњ, Умар Камолов, медалњои љашнии «100-солагии матбуоти тољик» таќдим гардид. Н. Маъмурзода, «Хатлон»


4

ХАТЛОН

сешанбе, 6 марти соли 2018, №8 (3145)

он «як лўла» ном дошт. Аз он як љомаи мардона ва ё як куртаи занона дўхтан мумкин буд», - омадааст дар «Донишномаи фарњанги мардуми тољик». Баъзан наќши алочаро бо ду рахи барашон яксони гуногунранг зинат медоданд. Масалан, як рахро сурх, дигарашро сафед, зард ё ягон ранги дигар мекарданд. Аз ин навъ алоча маъмулан љомањои занонаву мардона медўхтанд. Алочае, ки аз ресмонњои

Идораи рўзномаи «Хатлон» тасмим гирифтааст, ки тањти рубрикаи нави «Њунарњои мардумї» дар бораи касбу њунарњои анъанавии тољикон ба хонандаи худ маълумот дињад. Тавре ки маълум аст, тољикон дорои таъриху фарњанги ќадимї ва пурѓановат буда, бо њунармандию гулдастиашон машњури олам гаштаанд.

АЛОЧАБОФЇ: «МУШКУ ЗАъФАР», «МИТТЇ» ВА «БАЙРАЌ» Алочабофї дар Фењристи миллии фарњанги ѓайримоддї дар бахши касбу њунарњо ба ќайд гирифта шудааст Њунари алочабофї дар бисёр шањрњои тољикнишин, аз љумла дар Хуљанд, Самарќанд, Бухоро, Њисор (Ќаратоѓ), Кўлоб ва дигар шањрњо маълум буд. Дар Осиёи Марказї алоча ба номњои зебак, фарангї ва абрешимї маълум аст. Тавре ки муњаќќиќ Дилшод Рањимов дар «Донишномаи фарњанги мардуми тољик» навиштааст, алочае, ки тору пудаш аз ресмони мањаллї тањия мешуд, зебак ном дошт. Алочае, ки аз ресмони аврупої бофта мешуд, фарангї ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – алочаи абрешимї номида мешуд. «Алоча матои рахдори рангоранг ва дорои наќшу нигори мураккабу реза мебошад. Наќши алоча аз роњњои њаррангаи ќабуд, сабз, сиёњ, сурх ва зард таркиб меёбад. Наќшњои он «миттї»,

«мушку заъфар» ва «байраќ» ном доранд. Алочаи њисорї аввалњо тангбар буд. Дар охири асри XIX бари он аз чор ангушту чоряк (26-27 см) то (56-58 см) васеъ карда шуд, ки онро мардуми мањаллї «олчинбар» («оршинбар») меномиданд. Дарозии ин гуна алочаро 12,5 оршин (8,8 м) чен карда мебуриданд, ки

хуб дошт ва зирак буд, дар яке аз мадрасањои шањри Тењрон ба тањсил ќабул шуд. Тобистони соли 2000-ум ў дар таътили тобистона ба хона омад. Дар муддати як сол рафтору гуфтор ва хислаташ ба куллї дигар гашта буд. Кўшиш мекард бо нармиву оромї ва хушгуфтории хос чизеро аз доираи рукнњои шариат ба мо, ба ањли хонавода бифањмонад. Хостам имтињонаш кунам, ки то кадом дараља арзишњои диниро аз худ кардааст. Аз 2-3 љумлаю калимањояш аллакай дарк кардам, ки ўро ба мазњаби барои тољикон бе-

дуруштнах бофта мешуд, пудаш дар байни асоси матоъ хуб намоён мешуд ва ба матоъ тобишу љилои махсус медод. Устоњо ин усулро моњирона истифода бурда, матоъро љилодору хушнамуд месохтанд, чунки бо роњи рангкунї чунин тобиш ба вуљуд намеомад. Чунончи, дар матои асосаш бунафшранг пуди кабуди осмониро мегузоштанд, ки дар натиља алочаи кабуднамо истењсол мешуд. Ду навъи алоча маъмул буд. Сиёњалоча, ки пуди онро аз нахњои сиёњ мекарданд ва сурхалоча, ки пудаш аз нахњои сурх тањия мешуд. Сиёњалоча матои нисбатан олмиёна ва торикранг буд, ки бештар барои љомањои мардона истифода мешуд. Сурхалоча каме равшан буда, аз он либосњои занона медўхтанд. Масъули гўша Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

77 њазор сомонї барои њавасмандгардонии табибон Бо маќсади бењтар намудани сатњу сифати хизматрасонии тиббї ба ањолї ва андешидани чорањои зарурї бањри њавасмандгардонии кормандони муассисањои тандурустї, имрўзњо дар як ќатор шањру ноњияњои вилояти Хатлон аз њисоби маблаѓњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Бонки Умумиљањонї барномањои гуногун ќабул ва амалї мегарданд.

Чаро оќил кунад коре, ки боз орад пушаймонї Мусоњибаи мухбири мо бо собиќ раиси бахши ноњиявии ЊНИТ дар ноњияи А. Љомї Талбак Рустамов, ки аз хориљи кишвар ба Ватан баргашт - Акои Талбак, бозгашти шуморо табрик мегўям. Ба фикрам, пеш аз њама зану фарзандон аз бозгашти шумо хурсанданд… - Пеш аз њама, худам хурсандам. Фироќ аз оила, машаќќати зиёд, рўзи сахт, дандонњои рехта, мўйи сар ва риши сафедгашта, гирифторї ба дарди гурдаву љигар, набзи нобаробари ќалб, њазорон пушаймонї ва маризињои дигар..., чизе, ки аз ЊНИТ ба ман «мерос» монд. - Чаро ин «мерос»-њоро моли ЊНИТ мешуморед? - ЊНИТ на танњо љисму рўњи ман, балки умеду ниятњои садњо нафари дигарро шикаставу барбод дод. Садњо пиру љавони тољикро рањгум, рўзгори садњо нафари дигарро тираву хира кард. Мардумро то њол сарсону саргардон намуда, ба мулки бегонањо кашида истодаанд. Боќї аъзоёнаш, ки бо макру фиреби «доњї»-ёни ЊНИТ аз ќаламрави кишвар берун рафтаанд, то њол зери фишор ва таъсири рўњии мубаллиѓони фурўхташудаи ин њизб ќарор доранд. - Фурўхташуда мегўед? Ба кї фурўхта шудаанд? Далел доред? -Садњо далел дорам. Ваќти дар Федератсияи Русия ќарор доштанам, ќавл дода будам, ки аз сањни сиёсат пурра дур мешавам. Њамин тавр њам кардам. Њатто номи ЊНИТ-ро шунидан намехостам, куљо монад ба «амри маъруф»-њои Кабириву дигару дигараш…. Лекин нафароне пайдо гаштанд, ки моро дар ѓарибї њам кофтанду ёфтанд ва талаб карданд, ки ба њар як кори њукумат вокуниши сарду муќовимати солим нишон дињем. Натарсем, зеро моро кишвари бузурги њамзабон њимоят мекунад. Аксарият собиќ аъзоёни нањзатро, ки мешинохтам, ба онњо мегуфтанд: «Мо њам аз худат, њам аз кишвари бузургат безорем. Дигар ба мо кордор нашавед». Шахсан худам дубора бовар њосил кардам, ки ЉИЭ ба фаъолияти ЊНИТ манфиатдору маблаѓгузор будааст. - Чаро дубора? - Шарњ медињам. Ёд дорам, солњои 1997-1998 тибќи кадом «шартнома»-е љавонони тољикро барои тањсили илми динї ба ЉИЭ даъват мекарданд. Аммо аъзоёни ЊНИТ аз имтиёзњои фарохтар бархўрдор буданд. Аз ин фурсату имконият ман низ истифода бурда, соли 1999 бародарам Рустамов Шамсулло Зуњуровичро барои гирифтани таълимоти динї ба он љо фиристодам. Шамсулло, ки зењни

гона моил кардаанд. Ба зењну тафаккураш ончунон таъсир расонидаанд, ки мазњаби аљдодии худро инкор мекард. Баъди ин тасмим гирифтам, ки ба њар бањонае ўро аз рафтан ба Эрон боздорам. - Садди роњаш шудан тавонистед? - Бале, лекин ба сад душворї. Шиносномаашро пинњон кардам. Таблиѓоти мазњабї ончунон ба тафаккураш таъсир расонида буд, ки ба бемории рўњї гирифтор шуд. То ин замон ўро муолиља мекунем. Ва хуб њам шуд. Бемори рўњї будан хеле бењтар аст аз мазњабфурўш гаштан. - Хуб, мегузарем ба фаъолияти сиёсии шумо. Кай ба он шурўъ карда будед? - Баъд аз истиќрори сулњ банда ба фаъолияти њизбї шурўъ кардам, яъне аъзои ЊНИТ шуда будам. Маълумоти олї ва ихтисосе њам надоштам. Мактаби миёнаро базўр хатм кардам. Саводи кофии дунявї надоштам, каму беш аз оятњои Ќуръон бархурдор будам. Маънии онро њам дуруст дарк намекардам, зеро забони арабиро намедонистам. Арабиро, ки надонї, Ќуръонро танњо ќориазёд мекуниву халос. Мањз «ќориазёд» шудани Ќуръон, надонистани љавњари аслї ва маънии он сабаби бадбахтињо мегардад. Сараввал, аъзои ќаторї будам, баъдтар, яке аз фаъолони њизб шудам. Тадриљан маро ба њайси раиси бахши ноњиявии ЊНИТ дар ноњияи А. Љомї таъин карданд. Њарчанд дарк мекардам, ки њизб дар пешрафти љомеа ягон сањме надорад, асоси оинномааш танњо аз тезисњои маънавию динї иборат аст, новобаста аз ин, бо амру супоришњои роњбарияти њизб њамагонро ба аъзогї љалб мекардем. Ин кор ба душворї ба даст меомад. То соли 2015-ум, замони баргузории интихоботи парлумонї, ЊНИТ аллакай худро чандин маротиба бадном карда буд. Ошўби МирзоЉага дар ноњияи Тавилдара, ќатли беш аз 30 сарбози ќаторї аз тарафи гурўњњои силоњбадасти Алї Бедакиву мулло Абдулло дар дараи Камарови Рашт ва ѓайра. Ин љиноятњо корњои ташвиќотии моро дар байни мардум хеле душвор месохтанд. Маљбур мешудем, ки дар оморињои худ изофанависї кунем. Яъне, теъдоди аъзоёни худро бардурўѓ зиёд нишон дињем. Роњбаронамон дар марказ низ њаминро мехостанд ва таќозо мекарданд.

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

(Идома дорад)

Дар ноњияи Фархори вилояти Хатлон имрўз дар баробари беморхонаи марказї, инчунин 26 маркази саломатии дењотї ва 25 бунгоњи тиббї арзи њастї дошта, табибону њамширањои шафќати таљрибадор ба хотири њифзи сињатии омма ба кор сафарбар гардидаанд. Тайи солњои охир шароити кору хизматрасонї дар муассисањои тиббии самти кумаки аввалияи ноњия боз њам бењтар гашта, аз њисоби маблаѓњои Лоињаи бењтаркунии хизматрасонии тиббї, биноњои Марказњои саломатии дењотї ва бунгоњњои тиббї аз таъмири хушсифат бароварда шудаанд. - Ќариб њамаи дару тирезањои њуљрањои корию хизматрасонї иваз карда, ќисмати зоњирию дохилии маркази саломатї рангубор ва тамоми кормандон бо сару либоси ягонаи корї, ки аз љониби Вазорати тандурустии њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, таъмин карда шудаанд, - мегўяд сардухтури Маркази саломатии дењотии Ѓайрат Гадохўља Муњиддинов. Дар доираи Лоиња муассисањои тандурустии КАТС-и 5 ноњияи интихобии вилояти Хатлон, имрўз њам аз њисоби буљаи маќомоти мањаллї ва њам аз љониби Лоињаи Бонки Умумиљањонї бо маблаѓњои иловагї таъмин гардида, бо назардошти сифату натиљаи кори њаррўзаи табибону њамширањои шафќат, маблаѓњои гуногунњаљмеро баъди љамъбасти њар семоња тавассути кортњои пластикии алоњидаи кормандон људо мекунанд. Албатта ба роњ мондани чунин роњу усули нави њавасмангардонї, масъулиятнокии духтурону њамширањои шафќатро зиёдтар намуда, аз ин њисоб баќайдгирии маризон бештар ва сатњу сифати хизматрасонии тиббї ба ањолї баланд бардошта хоњад шуд. Чуноне, ки њамшираи шафќати Маркази саломатии дењоти Куњандиёри ноњия Хон-

зода Наимова иброз медорад, њамакнун таваљљуњи хатмкунандагони донишгоњу донишкадањои тиббии љумњурї, нисбати муассисањои тиббии дењотљойњо афзун гаштааст. Дар њоле, ки солњои пешин кам буданд шумораи он нафароне, ки ихтиёран барои идома бахшидани фаъолияти касбии худ бунгоњу марказњои саломатии дењкадањои дурдастро интихоб намоянд. Имрўз гуфта метавонам, ки њаљми моњонаи мо нисбати кормандони беморхонаи марказии ноњия зиёд аст. Таѓйир ёфтани њаљми маоши мо аз сифату натиљаи корамон вобастагї дорад, яъне њар нафарро бо назардошти мењнаташ ќадршиносї мекунанд. Хуб аст, ки дар чунин њолат аз њељ кас гиламанд нахоњем шуд. Тибќи маълумоти масъулин, баъди роњандозї гардидани Лоињаи мазкур, шароити кору хизматрасонии тиббї дар муассисањои тандурустии самти кумаки аввалияи ноњияњои таљрибавї бењтар гардида, аз њисоби маблаѓњои сифоиза, роњбарони бунгоњу марказњои саломатии дењотї, дар баробари таъмиру тармими утоќњои корї, њамзамон мизу курсї, љевон, рахтњо барои ташхису табобати беморон, тарозуњои хурду калон ва дигар намуди дастгоњу таљњизоти муосири тиббиро харидорї намудаанд. Људо гардидани њаљми маблаѓњо барои бењтарсозии шароити кору хизматрасонии тиббї аз шумораи ањолии њамон мавзеъ ва сатњу сифату натиљаи корњои иљрошудаи ањли кормандон вобастагї дорад. Масалан, духтурону њамширањои шафќати Маркази саломатии дењотии Шўркўли ноњияи Фархор дар зарфи 3 моњи охири соли 2017 тавонистанд ба миќдори зиёда аз 77 њазор сомониро ба ѓайр аз маблаѓњои буљетї аз худ намоянд. Ба роњ мондани чунин роњу усулњои нави маблаѓгузорї барои марњила ба марњила бартараф сохтани мушкилињои мављуда мусоидат намуда, сатњу сифати хизматрасонии тиббї боз њам бењтар ва табибону њамширањои шафќат њангоми адои вазифањои хидматии худ боз њавасманд хоњанд гашт. Ќурбоналї Ќурбонов, машваратчии мањаллї оид ба кор бо љомеа ва ВАО дар вилояти Хатлон

Эътибор надорад Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0565112, ки онро соли 2012 МТМУ №6-и шањри Бохтар ба Сирожидинова Мунира Камариддиновна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №687 дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1990 МТМУ №20-и ноњияи Вахш ба Фозилов Саигани Каландарович додааст, эътибор надорад.

Озмуни ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї

Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти хатлон барои ишѓоли мансабњои зерини холии маъмурии хизмати давлатї озмун эълон менамояд 1. Сармутахассиси шуъбаи умумї ва махсуси дастгоњи раиси вилояти Хатлон. 2. Мутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон. 3. Мудири шуъбаи сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Бохтар). 4. Сармутахассиси шуъбаи сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Бохтар). 5. Сармутахассиси шуъбаи сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Бохтар). 6. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Бохтар). 7. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Бохтар). 8. Мутахассиси шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Бохтар). 9. Мудири шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Кўлоб). 10. Сармутахассиси шуъбаи сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Кўлоб). 11. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Кўлоб). 12. Мутахассиси шуъбаи рушди сайёњии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон (дар минтаќаи Кўлоб). 13. Сармутахассиси шуъбаи њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон. Талабот нисбати довталабон: Барои ишѓолкунандагони мансабњои категорияњои маъмурии категорияи сеюм, категорияи панљум, шашум ва њафтум: тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои

мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -мудири шуъба 4-сол собиќаи хизмати давлатї ё 5 сол собиќаи мењнатї; -сармутахассиси шуъба -2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї; -мутахассиси пешбар; -мутахассис. Њуљљатњои зарурии пешнињодшаванда: -ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муќарраршуда); -вараќаи бањисобгирии кадрњо (бо ду дона расми андозаи 4х6); -тарљумаи њол; -нусхаи њуљљатњо дар бораи тањсилот; -нусхаи дафтарчаи мењнатї; -маълумот оид ба вазъи саломатии шакли (086 УЕ); -нусхаи шиноснома; -маълумот дар бораи надоштани доѓи судї; -маълумотнома аз маќомоти андоз дар бораи даромад ва амвол; -билети њарбї (барои шахсоне, ки хизмати њарбиро адо намудаанд); -нусхаи гувоњномаи РМА (раќами мушаххаси андозсупоранда); -маълумотнома (справка-обективка); -маълумотнома аз љойи истиќомат; -нусхаи суѓуртаи иљтимої (СИН). Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Индекс:735140, шањри Бохтар, кўчаи ба номи Н. Њувайдуллоев-1, бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, ошёнаи 3, утоќи 303-304, суроѓаи почтаи электронї: Kadrho@khatlon. Tj, телефон: 2-16-16, факс: 2-46-11. Музди моњонаи хизматчии давлатї: -мудири шуъба-1040 сомонї; -сармутахассиси шуъба-774 сомонї; -мутахассиси пешбар-639,5 сомонї; -мутахассиси шуъба-522 сомонї. Ќабули њуљљатњо: Баъди нашри расмии эълон то 21рўз муњлат дорад.

Эълон

-5 грант дар њаљми 20000 (бист њазор) сомонї; -11 грант дар њаљми 10000 (дањ њазор) сомонї; -5 грант дар њаљми 8000 (њашт њазор) сомонї. Вобаста ба ин аз занњои соњибкор хоњиш карда мешавад, ки лоињањои худро љињати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят то 10 август соли 2018 ба унвонии Комиссияи грантии вилоят, ба суроѓаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила пешнињод намоянд.

Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон тибќи ќарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, № 64 “Дар бораи таъсис ва људо намудани грантњои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирї ва рушди фаъолияти соњибкории занон барои солњои 2016-2020” бо маќсади дастгирї ва рушди фаъолияти соњибкории занон озмуни гранти раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд:

Почтаи

Таваљљуњ: музояда! Иљрочиёни Суди ноњияи Кўшониён, музоядаи такрориро дар бораи ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќули тањти њабсќарордошта-манзили истиќоматии Таѓоев Нуралї Абдусаидович, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки Бохтариён шуъбаи 2-юм, кўчаи А. Сино, иборат аз ду ошёна, 6 њуљраи зист, масоњати умумї 81.30 мм, масоњати зист 46.66 мм, масоњати ёрирасон 34.64 мм анљомхона, њаммом, њољатхона ва як адад дарвозаи тунукагї дар замини наздињавлигии масоњаташ 0,06 га, бо нархи 90000 (навад њазор) сомонї соати 11:00, 5 апрели соли 2018 эълон менамояд. Љойи баргузории музояда: бинои иљрочиёни Суди ноњияи Кўшониён. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои 8 (3245) 2-10-99, 933-00-20-46 гирифта метавонед. Таваљљуњ: Музояда! Иљрочиёни Суди ноњияи Кўшониён барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќули тањти њабсќарордошта-манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти Мењнатобод, дењаи Мењнатобод, иборат аз ду ошёна ва чор њуљраи зист, аз хишти хом сохташуда, бомаш шиферпўш, дохили бино таъмири хуб дида, фарши тахтагин, шифташ фанерї, бо нархи 500000 (панљсад њазор) сомонї ба манфиати филиали №43-и БДА “Амонатбонк” дар шањри Бохтар соати 11:00, 5 апрели соли 2018 музояда эълон менамояд. Љойи баргузории музояда: бинои филиали №43 БДА “Амонатбонк” дар шањри Бохтар. Телефонњо барои маълумот: 8 (3245) 2-10-16, 8 (3222) 2-54-08, 918-66-03-74, 903-50-10-10. Таваљљуњ: Музояда! Иљрочиёни Суди ноњияи Кўшониён барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќули тањти њабсќарордошта-манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти Мењнатобод, дењаи (Телман), иборат аз ду њуљра бо нархи 100000 (сад њазор) сомонї ба манфиати филиали №43-и БДА “Амонатбонк” дар шањри Бохтар соати 11:00, 5 апрели соли 2018 музояда эълон менамояд. Љойи баргузории музояда: бинои филиали №43 БДА “Амонатбонк” дар шањри Бохтар. Телефонњо барои маълумот: 8 (3245) 2-10-16, 8 (3222) 2-54-08, 918-66-03-74, 903-50-10-10. БАРњам мехўрад Ташкилоти љамъиятии Иттифоќи маъюбони Чернобили шањри Леваканд (собиќ Сарбанд), тањти раќами ќайди ИЉ 258 аз 14 апрели соли 2009 дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба ќайд гирифта шудааст, фаъолияташро ќатъ менамояд.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон пас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ. Навбатдор: Низомиддин ИСОЕВ

Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 6.03.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8550 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Хатлон №8 2018 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu