Skip to main content

Шумораи 17-2019

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №17 (3202)

чоршанбе, 24 апрели соли 2019

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАМЗИ САОДАТУ ИФТИХОРИ ТОЉИКОН АСТ

Хуросон. Ифтитоњи майдони Парчам ва Нишони давлатї

Љињати таќвият бахшидан ба корњои ободониву бунёдкорї дар асоси супориши Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон 24 апрели соли равон Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода ба ноњияи Хуросон сафари корї дошт. Њадаф аз ин сафар шиносої аз рафти корњои азнавсозии марњилаи якум ва дуюми роњи Душанбе-Бохтар, ифтитоњи иншоотњои муњими хољагии халќ мебошад. Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода њамроњї дошт. Дар идомаи тадбирњои ободониву бунёдкорї ва созандагї бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Хуросон бо иштироки Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода ва раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, фаъолони

ноњия майдони Парчам ва Нишони давлатї мавриди истифода ќарор дода шуд. Майдони мазкур бо гулгашт дар масоњати 0,32 гектар бунёд карда, корњои бунёду сохтмонї дар ин иншоот моњи феврали соли љорї оѓоз ёфта, бо тарњу намои замонавї ба анљом расонида шуд. Гулгашт аз роњравњои сафолакпўш дар масоњати 2100 метри квадратї, ќитъањои кабудизоршуда 360 метри квадратї, аз љумла гулњои виёла 4000 дона, питуния 4840, тагат 1288 ва садбарг 400 дона иборат буд. Њамчунин дар ин ќитъањо дарахтони ороишиву сояафкан ва буттањо аз ќабили магнолия, соснаи ќримї, туяи компакт, дарахти люстра, арчаи кипарист, серенаи њиндуї, сасна, палма, юко шинонда шудааст. Дар вазъияти тантанавї майдони Парчам ва Нишони давлатї ба истифода дода шуд. Парчами

давлатї дар баландии 47 метр ва матои он ба андозаи 14 метри дарозї ва 7 метри пањної зери суруду кафкўбињои самимонаи иштирокдорон партавафшон гардид. Нишони давлатї бошад, бо баландии 24 метр ќомат афрохт, ки сангњои мармар ва хоро ин муќаддасоти миллиро зебу оро додааст. Бо дастгирї ва ибтикори Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Парчам ва Нишони давлатї дар майдони марказии ноњияи Хуросон ќомат афрохта, ба њусни ин мавзеи зебо боз њусни дигар зам намуд. Иншооти мазкур аз љониби сохтмончиёни Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди “Ѓозималик” бунёд гардида, маблаѓи лоињавии сохтмони иншоот 1 миллиону 74 њазор сомониро дар бар мегирад. Њамчунин дар маркази гулгашт як фаввора дар масоњати 20 метри квадратї бунёд ёфта, дар 2 ќитъаи гулпўш кўзањои калони ороишї насб шудаанд. Дар њудуди гулгашт бошад, фурўзонакњои равшанидињандаву ороишии баландиашон 2,5-8 метра насб гардидааст. Дар ин гулгашти зебо барои истироњату фароѓати мењмонону сокинони ноњия курсињои зебо гузоштаанд. Дар њаќиќат иншооти мазкур идомаи корњои ободониву бунёдкорї бахшида ба

љашни бузурги ватан-30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон буда, њамчунин дар худи њамон рўз бинои тозабунёди маркази адлия дар Љамоати шањраки “Обикиик” дар вазъияти тантанавї бо иштироки Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, Вазири адлияи Љумњурии Тољикистон ва дигар мењмонону собиќадорон мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Дар ваъияти тантанавї ба оилањои нав ва атфол шањодатномаи аќди никоњ ва тавлид супурида шуд.

Бинои маъмурии маркази адлия бо маблаѓгузории Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон бо маблаѓи 1 миллиону 450 њазор сомонї аз љониби Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди “Хатлон”-и шањри Бохтар бунёд гардидааст. Њамчунин дар ноњия аз љониби сокини ноњия Сайдалї Њайитов бунгоњи тиббї сохта шуда, мавриди истифода ќарор гирифт. Оилаи Саидовњо ва Сафаровњо бошанд аз њисоби пасандозњои хеш бунгоњи тиббї ва пули мошингузар сохтанд, ки мушкилоти њазорњо нафар сокинони дењотро осон наму-

Майдони умумии иншооти мазкур низ 0,10 гектарро ташкил дода, бо тарњу намои меъмориву муосир бунёд гардидааст. Бино аз 2 ошёна ва тагхона иборат буда, дорои 9 утоќи корї, 2 бойгонї, як њуљраи эњтиётї ва 3 айвон аст. Сањни њавлї аз гулгашт ва роњравњои сафолакпўш иборат буда, дар он њазорњо дона гулу дарахтони ороишї шинондаанд.

да, њамчунин дањњо нафар ањолии мањал соњиби љойи кор гаштаанд. Дар њаќиќат соњибкорони мањаллї, сокинони шањру навоњии вилояти Хатлон кўшиш намуда истодаанд, ки дар корњои ободониву бунёдкорї ва рушди дењот сањми муносиби хешро гузоранд. ВАХШОНА, «Хатлон» Аксбардор Д. ШАРИФОВ

Муъминобод. Соњибкорон дар корњои ободонию созандагї сањм мегиранд

Рўзњои 20-21 апрели соли равон раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода љињати шиносої аз вазъи иљроиши дастуру супоришњои Роњбари давлат љињати омодагї ба љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва фаъолияти соњањои хољагии халќи ноњияњои Муъминобод ва Ховалинг аз ин мавзеъњо дидан намуд. Нахуст раиси вилояти Хатлон аз рафти корњои соњилмустањкамкунии сойи Тутуи Љамоати дењоти ба номи Шамсиддин Шоњин дидан карда, бањри пешгирї аз њодисањои табиї ва оќибатњои ногувор ба мутахассисону масъулини ноњия супоришу маслињатњои судманд дод. Фабрикаи парандапарварии “Якарча”, воќеъ дар њудуди Љамоати дењоти “Дењи баланд”-и ноњияи Муъминобод аз корхонањои калонтарин ва муваффаќи ноњия ба шумор мера-

вад. Дар фабрикаи мазкур беш аз 70 нафар бонувони дењотї ва 30 нафар мардон љамъ беш аз 100 нафар ањолии мањал ба кор љалб гардиданд. Дар ин корхона ќариб 80 њазор сар паранда парвариш меёбад. Дар натиљаи парвариши хуб дар 40 рўз чўљањо аз 3 то 5 килограмм гўшт мегиранд. Бонувон Гулнора Ѓоибова, Шакармо Саидова, Садбарг Рањимова зимни суњбат ба раиси вилоят изњори сипос намуданд, ки бо љойи кори доимї таъмин шудаанд. Љињати дастгирии соњибкорон аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон, Президенти кишвар, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз соњибкорон бањри рушду нумўи љомеа, ободониву бунёдкории гўшаву канори ватани азиз сањмгузорї доранд. Директори фабрикаи фабрикаи парандапарварии “Якарча” Зуњурљон Сафаров низ аз зумраи соњибкорони муваффаќест, ки дар таъсиси љойњои корї, ободонии мањал сањми муносиб дорад. Ин љавони кордону масъулиятшинос зимни суњбат иброз дошт, ки њар рўз беш аз 1500 то 2000 мурѓ забњ гардида, пешкаши харидорон мешавад. Айни замон 20 њазор чўља парвариш ва 20 њазор дона тухм дар инкубатсия ќарор дорад ва беш аз 20 њазор мурѓи дигар омодаи пешнињод ба маѓозаву бозорњост. Дар воќеъ таъмини амнияти озуќаворї, мањсулоти босифат ба ањолї яке аз њадафњои асосии Роњбарияти мамлакат мебошад, ки сари ин масъала

Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олї таъкид доштанд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни суњбат бо роњбарият ва кормандони фабрикаи парандапарварии “Якарча” љињати боз њам рушд додани соња, истењсоли бештари гўшти

парњезї маслињатњои муфид доданд. Дар маркази ноњияи Муъминобод корњои ободониву бунёдкорї, иншоотњои хизматрасонї, таъмири роњњо, равшаннамої, сафолакчинии гузаргоњњо вусъати тоза касб намудааст. Роњбари вилоят аз рафти корњои сохтмонии Маркази табобатии беморињои (Давомаш дар сањ. 2)

Худованди муттаол ба миллати тољдо-ру куњанфарњанги тољик фарзонафарзанд ва абармардеро бо номи Эмомалї Рањмон насиб гардонид, ки тамоми сифатњои неки инсониро дорост. Пешвои муаззами миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоњизакорї, љасорату далерї ва мењанпарастиву миллатдўстии худододї тавонист пояњои давлатдории тољиконро бунёд гузорад, миллати анќариб мањвгаштаву ба нобудї кашидашударо аз хокистару хун рањонад, фарњангу тамаддуни тољиконаро дар минбарњои бонуфузи байналмилалї муаррифї намояд, ба бузургтарин дастовардњо ноил гардад ва сарнавишти халќи тољикро њамчун миллати куњанбунёду тамаддунсоз дар љомеаи љањонї муайян созад. Талошу зањматњои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат аст, ки мардуми тољик ва дигар шањрвандони кишвар новобаста ба мансубияти диниву мазњабї ва ќавмиву миллиашон тањти сиёсати хирадмандонаи Роњбарияти олии кишвар ва дар њимояи адолати ќонунї хушу хуррам ва тинљу осуда зиндагонї доранд. Дар таърихи инсоният мисолњо дар бораи хизматњои шоистаи фарзандони ин ё он миллат барои ватани худ бисёранд. Аён аст, ки чунин шахсиятњо бо тобоварї, обрўву нуфуз ва хислатњои мардонаи худ мардумро аз пайи худ бурда, сањмгузори инкишофи давлатдорї, фарњангу маданияти миллї мегарданд. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мањз аз њамин гуна

шахсиятњои бузургу беназири сиёсие мебошанд, ки бо хизмати шоиста дар роњи давлатсозї, густариши фарњангу тамаддуни халќамон хизматњои арзанда карда, мањбуби мардуми диёр ва Пешвои асили миллат гардидаанд. Муњтарам Эмомалї Рањмон њамон шахсияту фарзанди худфидову љасури миллат буд, ки дар муќобили њама њадафњои нопок чун як сипари миллат ќарор гирифту халќро дар атрофи худ сарљамъ намуд. Ин устувориву шуљоат аввалин ќадами Эмомалї Рањмон дар роњи тањкими давлатдории миллї буд. Бо маќсади рушду инкишофи хољагии халќ мунтазам аз љониби Роњбари давлат ѓамхорињои зиёд зоњир гардида, тамоми кўшишу ѓайрат ва њидояти ин абармарди миллат ба иљрои њадафњои стратегии Њукумати Љумњурии Тољикистон-баровардан аз бунбасти коммуникатсионї, расидан ба истиќлолияти энергетикї ва таъмини амнияти озуќаворї, њамзамон рушди илмњои бунёдї дар амал тадбиќ гардида истодааст. Бењуда нест, ки мардуми мо Сарвари худро Президенти мардумї унвон кардаанд. Зеро ў худ аз байни халќ баромада, ба дарду ѓами халќ шарик аст. Дар њар давру замон барои рушду пешрафти миллат фарзандони барўманду фарзонааш наќши мондагоре аз хеш боќї мегузоранд. Эмомалї Рањмон чун шахсияти барљаста ваќте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тољик парешон ва кишвар дар вар-

(Давомаш дар сањ. 3)

Раиси вилоят: «Ховалинг минтаќаи таърихї аст ва он бояд ба макони сайёњї табдил ёбад»

Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода зимни шиносої бо рафти корњои ободониву созандагї љињати иљроиши дастуру супоришњои Президенти мамлакат бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз ноњияи Ховалинг дидан намуд. Дар њудуди Љамоати дењоти “Лоњутї” корњои сохтмонї оѓоз гардида, сохтмончиён машѓули бунёдкорї буданд. Дар иншооте, ки дар шоњроњи ноњия барои ќабули мењмонон бунёд ёфта истодааст, тибќи лоиња парчамњои давлатї ва гулгаштњои зебою чароѓон сохта мешавад. Роњбари вилоят њамчунин бо вазъи фаъолияти кишоварзони ноњия шинос гардида, бањри истењсоли мањсулоти кишоварзї, кишти картошка ва дигар зироатњо супоришњои љиддї дод. Њамчунин аз рафти корњои ободонии муассисаи давлатии ОсорхонаМамнуъгоњи љумњуриявии Восеъ низ дидан ба амал оварда, бањри бунёди бинои нави Осорхона маслињатњои муфид дод. Њамчунин Ќурбон Њакимзода аз рафти корњои сохтмонии муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №4, бинои милитсия, бинои маъмурии Љамоати дењоти ба номи Лоњутї, маркази саломатї ва рафти корњои соњилмустањкамкунї шинос гардид. Дар њудуди Љамоати дењоти “Ховалинг” бунёди як ќатор иншоотњои фарњангиву варзишї оѓоз гардидааст. Бунёди њаммом, амфитеатр, њавзи шиноварї бо маром идома дорад. Дар маркази ноњияи Ховалинг низ корњои сохтмонии бинои марка-

зи љавонон, Парчам ва Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон, мењмонхона, беморхона ва 14 хонаи иќоматї ба наќша гирифта шудааст. Дар аксари иншоотњо корњо идома доранд. Роњбари вилоят нисбати сифати бунёди беморхонаи марказї барои 40 кат изњори нигаронї намуда, љињати иљрои босифати корњои сохтмонї ба масъулин супоришњои мушаххас доданд. Раиси вилоят зимни боздид аз рафти корњои ободониву бунёдкорї бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба аёдати собиќадорони љангу зањмат рафта, аз вазъи рўзгор ва саломатиашон пурсон гардид. Иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї Абдулло Самиев солњои мудњиши љанги дуюми љањон ба њимояи марзу буми ватан рафта, корнамоињои бемисл нишон додааст. Ба њайси танкчї дар муњорибањои Украина, Белорусия ширкат варзида, пас аз анљоми љанг ва ѓалабаи бузург бар фашизми гитлерї боз ба ватан баргашта, ба њайси тракторчї дар рушду нумўи љомеа, бахусус соњаи хољагии ќишлоќ сањми босазои хешро мегузорад. Ин пири гармиву сардии зиндагиро чашида аз лањзањои Љанги Бузурги Ватанї, корнамоии худу њамяроќон ќиссањо кард. Ќиссањои родмардиву ватандўстї, љавонмардиву љасурї. Имрўз ин пири равшанзамир даврони пирї меронад. Фарзандону наберагон ва зављаи мењрубонаш, ки беш аз ним аср бо њам рўзгори бобаракат доранд, (Давомаш дар сањ. 2)


2

ХАТЛОН

Раиси вилоят: «Ховалинг минтаќаи таърихї аст ва он бояд ба макони сайёњї табдил ёбад»

(Идома аз сањ. 1) пањлуи бобои Абдулло Самиев ќарор доранд. Собиќадор Мошариф Туманова бошад, беш аз 50 соли њаёти хешро бањри солимии модару кўдак бахшидааст. Ў соњиби 6 фарзанд, 34 набера, 37 абера мебошад. Мошариф Туманова миннатдории хешро нисбати Љаноби Олї, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати ѓамхорињои беназирашон нисбати занон баён дошт. Њамчунин роњбари вилоят аз хонаи собиќадори соњаи маориф Исмат Одинаев дидан ба амал оварда, бо ин пири равшанзамир суњбат орост. Номбурда соли 1944 баъди хатми омўзишгоњи педагогии Сталинобод –Душанбеи имрўза то соли 1953 мудири мактаби ибтидої, љонишини директор ва директори интернат ва мактаби миёна, нозири кадрњои шуъбаи маориф шуда фаъолият намудааст. Аз соли 2010 ба нафаќа баромада, соњиби мукофотњои давлатї медалу ифтихорномањо мебошад. Зимни суњбат Исмат Одинаев ба

роњбари вилоят аз умри пурбаракати худ ёдовар гардида, чунин

гуфт: “Як воќеа њељ аз хотирам фаромўш намегардад. Нахуст савганд ёд кардани Президенти мамлакат назди беш аз 5 њазор одам ва ба њар яки мо самимона оѓўш кашидану вохўрии Роњбари дав-

лат. Имрўз низ барои ман воќеаи фарањбахш аст, ки шумо ба аёдати ман омадед. Шумо маро не, тамоми кормандони соњаи маорифро ёд кардеду эњтиром намудед. Бузургї ба синну сол нест, бузургї ба аќл аст”, Исмат Одинаев миннатдории хешро ба роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон, Сарвари давлат ва раиси вилоят иброз намуд. Сипас дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ховалинг бо ширкати фаъолони ноњия љамъомад доир гардид. Раиси вилоят нисбати бурду бохти зањматкашони ноњияи Ховалинг ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки бањри иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22 майи соли 2018 тањти №1059 бештару бењтар кўшиш намоянд ва иншоотњои љашниро бахшида ба љашни 30юмин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо сифати баланд бунёд намоянд. Дар ободониву бунёдкорињо сањмгузорї намоянд. Хона, кўча, мањал ва дурдасттарин дењоти ноњияи Ховалингро обод намоянд, барои дар амал татбиќ гардидани дастури Роњбари давлат љињати рушди дењот, њунарњои мардумї, бунёди корхонаву мењмонхонањо,

љалби сайёњон талош варзанд, зеро Ховалинг мавзеи таърихї ва зебоманзар буда, дар ояндаи наздик ба макони сайёњї мубаддал мегардад.

ВАХШ. Њосили фаровони ќулфинай аз истифодаи самараноки замин аст Кишоварзони ноњияи Вахш љидду љањд менамоянд, ки аз њар як ваљаб замин оќилона истифода бурда, истењсоли мањсулоти кишоварзиро афзун гардонанд. Сокинони Љамоати шањраки “Киров”-и ноњия ним аср боз ба парвариши ќулфинай машѓуланд. Ањолї дар заминњои наздињавлигї ва заминњои ёрирасони хеш њамасола ин навъи меваљотро парвариш намуда, ба бозорњои дохилї ва хориљи кишвар ба фурўш мебароранд. Њангоме ки аз заминњои хољагињои дењќонї ва ањолї дидан намудем, хурду бузург машѓули љамъоварии ќулфинай буданд. Љиёншо Аъламшоев, роњбари хољагии дењќонии “Аъзамљон”, дар майдони 1 гектару 20 сотих замин парвариши ќулфинайро ба роњ мондаанд ва даромади хуб ба даст меоранд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода бо фаъолияти хољагињои дењќонї ва ањолї шинос гардида, бо хољагидорон бобати рушди соња, истифодаи оќилонаи замин маслињатњои муфид доданд. Дар њаќиќат ањолии љамоати шањраки мазкур аз заминњои наздињавлигї пурсамар истифода мебарад. Гармхонањои серњосили помидор, бодиринг, ќаланфури булѓорї, ќулфинай аз зањмати шабонарўзии ањолии љамоати мазкур дарак

медод. Роњбари вилоят зимни суњбат бо ањолї барои мењнати шабонарўзї ва самароварашон изњори сипос намуд. Дар њудуди љамоат 150 хољагињои дењќонї фаъолият доранд. Дар аксари заминњо кишти пахта гузаронида шудааст. Ањолии љамоати мазкур дар заминњои наздињавлигї ва ёрирасон машѓули љамъоварии њосил буданд. Ду љониби роњњои њудуди љамоатро ќуттињои пур аз ќулфинай, ки харидорони хешро интизор буд, зебу зиннат медод. Тавре ки хољагидорон иброз доштанд, аслан барои парвариши ќулфинай аз поруи мањаллї истифода мебаранд. Раиси вилоят њамчунин аз заминњои Љамоати дењоти “20-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон” низ дидан ба амал овард. Дар љамоати мазкур дар майдони 2140 гектар заминњо кишти пунба гузарониданд. Тавре ки равшан гардид, аллакай дар хољагии тухмипарварии Кўлоб пумбадона сабзида дубарга шудааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни суњбат бо хољагидорон, бањри коркарди сариваќтї, обу ѓизодињии ќитъањои пахтазори маслињатњои судманд доданд. «Хатлон»

њамкории муштарак

РУШДИ САНОАТИ АБРЕШИМ талаби замон аст 17 апрели соли 2019 раиси вилояти Хатлон Њакимзода Ќурбон директори ширкати атласбофии вилояти Фарѓонаи Љумњурии Ўзбекистон Исмоил Ањмадљонов ва ёрдамчии директори ширкат Иномљон Абдуѓаниевро ба њузур пазируфт. Љонибњо атрофи масъ-алањои њамкорї дар соњаи коркарди саноати пилла, тайёр намудани риштаи абрешимї ва атласу адрасбофї суњбат намуданд. Раиси вилояти Хатлон

Њакимзода Ќурбон ќайд намуд, ки соли 2018 кирмакпарварони вилоят беш аз 500 тонна пилла истењсол намуданд, ки 12 тоннаи он дар дохили вилоят коркард карда 1,6 тонна ресмони абрешим истењсол шудааст. Захираи фаровони хўроки кирмаки пилла-тут имконияти дар як сол то ба 900 тонна расонидани истењсоли пилларо дорад. Дар њолати дарёфти шарикони рушд, љалби сармоя, таъсис додани корхонањои муштараки коркарди саноати абрешим

ва самаранок истифода намудани захирањои мављуда, вилоят метавонад дар истењсол ва содироти ашёи тайёри саноати абрешим ва содироти он ба хориљи кишвар дар байни кишварњои Осиёи Миёна мавќеи хосеро пайдо намояд. Зимни суњбат таъкид гардид, ки дар њолати расидан ба мувофиќаи барои љонибњо судманд, метавонанд дар ќаламрави вилоят корхонаи муштараки тайёр кардани мањсулоти саноатї-матоъи абрешимї гарданд ва дар ин замина фоидаи хуб ба даст оранд. Љонибњо ба мувофиќа омаданд, ки дар ин самт омўзиш ва гуфтушунидњоро идома дињанд. Д. ШАРИФОВ

чоршанбе, 24 апрели соли 2019, №17 (3202)

Муъминобод. Соњибкорон дар корњои ободонию созандагї сањм мегиранд (Идома аз сањ. 1) ќалб дидан кард. Дар ин иншооти табобатї, ки бо маблаѓгузории Дирексияи сохтмонии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон бунёд ёфта истодааст, шароитњои табобатї пурра ба инобат гирифта шудааст. Маркази мазкур дорои 108 кат барои беморон буда, дар он маркази гармидињї, канализатсия, лифт мављуд аст. Маркази табобатии мазкур дорои 3 бинои алоњидаи А.Б. В. буда, беморон метавонанд аз хизматрасонии физиотерапевтї низ бархўрдор гарданд. Корњои сохтмонї дар ин марказ бо суръат идома дорад. Тавре ки зимни боздиди раиси вилоят аз ноњияи Муъминобод ва шиносої бо рафти иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22 майи соли 2018 тањти №1059 равшан гардид, бањри татбиќи дастуру супоришњои Роњбари давлат дар ноњия аз љониби соњибкорон корњои назаррас ба анљом расонида шудааст. Дар кўчаи Амирхон Партоеви Љамоати шањраки ноњияи Муъминобод бо иќдоми соњибкори мањаллї Раљабалї Раљабов ба маблаѓи беш аз 1 миллион сомонї маркази савдо ва хизматрасонї дар масоњати 0,30 га замин бунёд ёфтааст. Маркази хизматрасонї аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум сартарошхона, кошонаи њусн, дўкони пойафзолдўзї, нонвойхона, сехи дўзандагї, дорухона, 8 маѓозаи фурўши молњои ниёзи мардум, шустушўи наќлиёт ва ќолинњо фаъолият менамоянд. Дар ошёнаи дуюм бошад ошхона ва толори саќќобозї ташкил мегардад. Тавре ки соњибкор Раљабалї Раљабов иброз дошт, дар ин маркази хизматрасонї беш аз 100 нафар ба љойи кор фаро гирифта мешавад. Боиси хушнудист, ки аз љониби њамин соњибкор њамчунин, корхонаи коркарди “Шир” ва

истењсоли мањсулоти нонї низ ба роњ монда шудааст. Дар ин коргоњ низ беш аз 10 нафар занон бо шуѓл фаро гирифта шудаанду ба истењсоли ќаймоќ, љурѓот, творог, дуѓоб ва навъњои гуногуни нон ва мањсулоти ќаннодї машѓуланд. Раиси вилоят ба соњибкор Раљабалї Раљабов љињати иќдоми некаш изњори миннатдорї намуд. Зеро мањсулоти хољагии дењќонии “Мададгор”-шир дар њамин коргоњ коркард гашта, пешкаши харидо-

рон мешавад. Дар маркази ноњия њамчунин, маркази њунарњои мардумї бо иќдоми соњибкорон Неъматулло Ќаландаров ва Фарзонаи Шариф бунёд ва ба фаъолият шурўъ намуданд. Дар ин марказ куртањои чакан, ќуроќ, либосњои мактабї, аз љумла кастюмњои шинами њозиразамонро бо иловаи матоъњои хусусияти миллидошта омода мекунанд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода зимни суњбат бо масъулини марказ таъкид дошт, ки имрўз омўзонидани љавондухтарон ба касбу њунари миллї, бахусус чакандўзї масъалаи бенињоят зарурї мебошад. Зеро Хатлонза-

мин бо чакани пурнаќшу нигор ќалби њамагонро тасхир намудааст. Имрўз чакани Хатлон њаводорони зиёде дорад, аз ин рў, онро бояд бо тарњи наву замонавї пешнињод намуд, - таъкид дошт раиси вилоят зимни суњбат бо кормандони маркази њунарњои мардумии ноњияи Муъминобод. Дар њошияи иљрои наќшачорабинињо бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон Куми-

таи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњия низ соњиби бинои нави маъмурї гардид. Айни замон корњои таъмиру ороишї дар ин бино идома дорад. Корњои сохтмонї дар бинои маъмурии Кумитаи идораи замин дар кўчаи ба номи С. Назаров вусъати тоза гирифтааст. Рўзгори собиќадорони љангу зањмат барои љавонон сабаќест нотакрору омўхтанї. Зеро пирони рўзгор барои ободонии ватани азизамон зањмат кашидаанд. Ин аст, ки раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар њар сафараш ба шањру навоњии мамлакат нахуст аз хонаи ин пирони рўзгордида ди-

Муъминобод. Фаъолияти соњаи маориф ва њисобњои молиявї ќаноатбахш нестанд Гузориш аз сафари кории раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба ноњияи Муъминобод Рўзи 20 апрел раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар ноњияи Муъминобод сафари корї анљом дода, ба вазъи хољагии халќи ноњия шинос шуд. Сипас дар маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия бо иштироки фаъолон, роњбарони корхонаву идорањо, раисони љамоатњо, кормандони њифзи њуќуќ ва ташкилотњои минтаќавї љаласаи кории раиси вилоят доир гардид. Сараввал раиси ноњия Амиршозода Тоњирхон Темур аз натиљаи корњои анљомдода ва вазифањои дар наздашонбуда мухтасар њисобот дод. Сипас раиси вилоят вазъи соњањои иќтисодиву иљтимоиро тањлил намуда, ба фаъолияти кормандони фабрикаи парандапарварии «Якарча» бањои баланд дод. Корхона аз ибтидои сол то ин дам 61 тонна гўшти парњезии аълосифат истењсол намудааст. Онњо наќша доранд, ки то охири сол ин шумораро ба сесад тонна мерасонанд. Кормандони корхона ба панљоњ нафар мерасанд, ки аксарияти онњо бонувон мебошанд. Ояндаи коргоњ нињоят калон аст. Маќсади нињоии коллектив соле ба чордањ њазор тонна расонидани истењсоли гўшт аст. “Мо чунин соњибкоронро њамеша дастгирї мекунем. Дар боби ташкил намудани базаи мустањками хўрока ва дигар шароитњои зарурии иловагї кумак мерасонем”, ќайд намуд раиси вилоят. Њамзамон Ќурбон Њакимзода ба амали саноатикунонии сохтори аграрї дар мисоли ду корхонаи коркарди шир бањои мусбат дод. Аз фаровон гаштани ќаймоќу љурѓот ва дигар навъи аз мањсулотњои ширї омодагардида изњори ќаноатмандї намуд. Фаъолияти Љамъияти масъулияташ мањдуди «Чои шифо»ро, ки аз гиёњњои табиї онро тайёр мекунанд, дар ин раванд мисоли ибратбахш номид. Бо ду-се гул бањор намешавад. Аз ин лињоз рафти саноатикунонии ноњияро Ќ. Њакимзода ѓайриќаноатбахш арзёбї намуд. Ў гуфт, ки њоло дар тамоми шањру дењот корњои сохтмонї босуръат давом дорад. Мардум ба истиќболи 30-солагии соњибистиќлолии мамлакат кошо-

наи хешро навсозї мекунанд, бо тарњи муосир хонањои нав бунёд менамоянд. Њамин гуна бунёдкорињо имрўз дар тамоми нуќоти Муъминобод ба мушоњида мерасад. Таассуфовар он аст, ки сангрезаро аз Кўлоб мекашонанд. Як мошини онро аз роњи дур бо арзиши 1700 сомонї дастрас менамоянд. Магар дар Муъминобод санг нест? Мебояд соњибкорони кордону дурандеш дар дилхоњ мавзеи истиќоматї дастгоњњои сангмайдакунї оварда, насб бикунанд. Ин њам љойи кор мешавад ва њам манбаи даромад. Миќдори мевае, ки дар Муъминобод истењсол мешавад, њамаи онро тариќи корхонањои хурду бузурги саноатї коркард намуда, пешкаши истеъмолкунандагон намоем, бешак буљаи ноњия ѓанї мегардид. Дуруст аст, ки коргоњи мевахушккунии мављудбуда фаъолияти мавсимї дошта, мањсулоти нимтайёрро ба дигар фабрикањо бо нархи арзон пешнињод мекунанд. Фоидаи калону асосиашро низ онњо мебинанд. Ваќти он расидааст, ки бо дарёфти технологияи наву муосир истењсолотро такмил дода, мањсулоти нињоиро бо пешкаши истеъмолкунандагон гардонд. Ба ин васила даромаднокї якчанд маротиба зиёд мегардад. Раиси вилоят ба соњаи маориф таваљљуњ зоњир намуда, натиљаи таълиму тарбияро дар мактабњои ноњия нигаронкунанда њисобид. Дар ду соли охир дар олимпиадањову озмунњои вилоятиву љумњуриявї шогирдони таълимгоњњои ноњия соњиби ягон љойи ифтихорї нашудаанд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки омўзгорон ба худомўзї эътибор намедињанд. Аз тарзу усулњои замонавии таълиму тадрис бехабаранд. Бањри ислоњи вазъият тавсияњои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмонро дар хусуси сари ваќт аз аттестатсия гузаронида, бозомўзии онњоро дар донишкадањои такмили ихтисос ба роњ мондан зарур аст. Зеро ояндаи дурахшони мамлакат ба љавонону наврасон сахт вобаста аст.

Дигар мушкилоти ба ин масъала вобаста зиёд намудани муассисањои томактабї ва бунёди мактабњои хусусї мебошад. Аз фориѓболии масъулини маорифи ноњия њамагї се фоизи кўдакон дар муассисањои томактабї фаро гирифта шудаанд. Њол он ки мувофиќи наќша ин раќам то имрўз мебоист 30 фисадро ташкил медод. Њамчунин, таассуфовар аст, ки дар сеюним моњи сипаришуда њабдањ оилаи љавон пош хўрдаанд. Мо хуб ёд дорем, солњои пешин калонсолон, ањли љамоатчигї ба вайроншавии оилањои љавон роњ намедоданд. Имрўз гўё ба ин проблемаи доѓи рўз касе ањамият намедињад. Вазифаи њар яки мо аз он иборат аст, ки дар мустањкам гардидану барљо мондани ин ячейкаи љамъиятї сањм бигузорем. Дар ноњия хизматрасонии тиббї аз лињози нарасидани мутахассисон дар сатњи талаботњои Сардори давлат нест. Бањри њаллу фасли проблема раиси ноњия ба Њукумати кишвар ва донишгоњњои тиббии мамлакат мактуб ирсол карданаш лозим, то барои ноњияи баландкўњ шумораи квотањои президентї зиёд карда шаванд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода њисоботњои молиявиро аз тањлили њаматарафаи иќтисодї дур ва номукаммалу ноќис маънидод намуд. Мудири шуъбаи молия њангоми маблаѓљудокунї ба ќисми маошгирии омўзгорон ва табибон ањамият дода, ќисмати дигари харољотњоро эътибор надодааст. Ин беањамиятї мушкилоти зиёдеро ба бор овардааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар хотимаи иљлосия доир ба амалї гардондани барномаи «Рушди дењот ва сайёњї» оид ба сохтмони роњњо, мењмонхонањо, эњё намудани њунарњои мардумї, аз ќабили сўзанидўзї, сабти наќшу нигор дар пироњани бонувон,чодарњои арўсї ва амсоли инњо тавсияњои зиёди созандаю муфид доданд. А. Сафарова, Ѓайбулло Њалимов, «Хатлон»

Њадаф - таъмини амнияти озуќаворї

Дењќонони боиродаи вилоят бањри ноил гардидан ба дастовардњои на-

заррас љидду љањд доранд. Натиљаи зањмати шабонарўзии кишоварзон аст, ки имрўз нархи сабзавоту меваљот дар дохили вилоят ва љумњурї хело поён рафтааст. Дар њаќиќат яке аз њадафњои асосии Њукумати љумњурї таъмини амнияти озуќаворї ба њисоб меравад. Ва ин њадафи стратегї имкон медињад, ки љойњои корї зиёду мањсулоти содиротї бештар гардад. Сањмдорони хољагии дењќонии “Аъзам” аз ноњияи Кўшониён аз њар як ваљаб замин пурсамар истифода бурда, њосилнокии мањсулоти кишоварзиро афзун гардонидаанд. Хољагї дорои беш аз 16 гектар замин буда, 27 нафар сањмдорон шабонарўзї дар майдонњои кишт зањмат мекашанд.

дан намуда, аз вазъи саломатї ва рўзгорашон пурсон мегардад. Аз љониби Роњбари давлат кумакњои пуливу моддї мерасонад. Бо онњо суњбату вохўрињои самимї менамояд. Собиќадорон аз ин ќадршиносї бенињоят хушњол гардида, ба роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон љињати дастгириву кумакњои пайвастаашон изњори сипос менамоянд. Мирзохон Одинаев аз зумраи ин собиќадорон аст. Номбурда тайи фаъолияти хеш дар зинањои гуногун фаъолият намуда, бањри рушди соњаи кишоварзї ва умуман хољагии халќ сањми хешро гузоштааст. Мирзохон Одинаев зимни дидорбинї ба раиси вилоят оид ба фаъолияти хеш њикоят намуд. Зулайхо Мирзоева, омўзгори собиќадор, модари мењрубон, сокини ноњияи Муъминобод ба раиси вилоят изњори сипос намуда, иброз дошт, ки ба Пешвои миллат љињати ѓамхорию дастгирињои њамаљонибаашон миннатдориашонро расонанд. Номбурда аз Амри Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба баргузории озмуни “Фурўѓи субњи доної” изњори хушнудї намуд, ки ба ин васила шавќи китобдўстию китобхонї миёни ќишрњои љомеа бештар мегардад. Муаллимаи собиќадор Зулайхо Мирзоева ќайд кард, ки њамарўза рўзномаву маљаллањои давриро мутолиа менамояд ва пайваста асарњои адибони классику муосири тољику халќњои љањонро мехонад. Дар њаќиќат ин омўзгори собиќадор соњиби китобхонаи бой буда, њазорњо адад китобњои гуногун дар хонааш мављуд асту њамагон аз ин махзани пургуњар бањрабардорї менамоянд.

Сарвари хољагї Давлатёр Бедимоѓов иброз дошт, ки дар майдони 11,5 гектар пахта, 2 гектар боѓ парвариш меёбад. Хољагидорон њамасола њосилнокии пахтаро ба 3540 сентнерї мерасонанд. Мањмаисо Ќурбонов, мутахассиси пешбарандаи хољагї зимни суњбат ёдовар гардид, ки хољагии номбурда соли 2010 таъсис ёфтааст. Дар баробари истењсоли пахта, њамчунин, гармхонањо бунёд намуда, ба парвариши помидору бодиринг, боимљон, ќаланфури булѓорї машѓуланд. Дар њаќиќат гармхонањои мазкур аз зањмати дастони ризќофари марди дењќон дарак медод. Помидори навъи Ася дар њар як гул то 5-6 дона њосил бастаанд, ки баракати зањмати сањмдорони хољагист. Њангоми суњбат бо сањмдорони хољагї Абдукарим Юлдошев, Анвар Ѓоибназаров, Нодира Толибова, Дилбар Ѓоибназарова, Шариф Сафаров, Наљмиддин Шарипов, Насиба

Мањмадалиева, Мунира Юлдошева равшан гардид, ки онњо њар моњ музди мењнати хешро то 700 сомонї мегиранд. Дар иду дигар чорабинињо ба онњо мукофоту кумакпулї дода меша-

вад. Хољагии дењќонии “Эмоми Аъзам” аз маќомоти андоз, фонди њифзи иљтимої ќарздор нест. Дар њаќиќат сањмдорони хољагї мисли як оилаи

тифоќ кору пайкор доранд. Ба якдигар дўсту бародар, хоњару додаранд. Љое ки тифоќист, мењр аст, якдигарфањмист, он љо баракат низ афзун мегардад. Дар ноњияи Кўшониён дар майдони 165 гектар гармхонаи мавсимї ва 16 гектар гармхонањои доимоамалкунандаи лимў мављуд аст. Масъулини ноњия иброз доштанд, ки аз 17 њазору 165 гектар заминњои корами ноњия дар 11 њазору 200 гектар кишти пахта гузарониданд. Дар њазорњо гектар нињолони пахта ќатор шудааст. Дар беш аз 3,5 њазор гектар замини кишти пунбадона оби сабзиши нињолњо дода шудааст. Њангоми шиносої бо фаъолияти хољагии дењќонии “Эмоми Аъзам”-и Љамоати дењоти “Навбањор” бори дигар эњсос намудем, ки сањмдорону масъулини хољагї дар амалї гардидани таъмини амнияти озуќавории мамлакат сањми босазо доранд. ВАХШОНА, “Хатлон”

3

ХАТЛОН

чоршанбе, 24 апрели соли 2019, №17 (3202)

Ба истиќболи 30-солагии љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

Саноатикунонии босуръати кишвар - њадафи чоруми миллї

ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАМЗИ САОДАТУ ИФТИХОРИ ТОЉИКОН АСТ

ИСТЕЊСОЛИ МАСОЛЕЊИ СОХТМОНЇ ВА СОДИРОТИ ОН БА ХОРИЉИ КИШВАР АФЗУДААСТ

(Идома дар сањ. 1) таи њалокат ќарор дошт. Паёми нахустинаш дар Иљлосияи таќдирсози XVI Шўрои Олии Тољикистон, ки 19- уми ноябри соли 1992 дар Ќасри Арбоби шањри бостонии Хуљанд барпо гардида буд, сарљамъ намудани миллат ва хотима бахшидани љанги шањрвандї дар Тољикистон буд. Мардуми кишварро суханони таърихии Эмомалї Рањмон, ки гуфта буд: «То ваќте ки як фарди миллат дур аз ватан ва дар ѓурбат ќарор дорад, ман худро орому хотирљамъ намењисобам» ба зиндагї дилгарм намуд. Солњои 1993-1996 муњољирони иљборї, ки бар асари муноќишањо дар Афѓонистону кишварњои пасошўравї умр ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми аљдодї баргаштанд ва шахсан бо иќдоми Роњбари давлат бо маќсади обод гардонидани хисороти љанги шањрвандї маблаѓњои зиёде људо намуданд. 27 июни соли 1997 имзои Созишномаи сулњи тољикон дар шањри Маскав ба вуќўъ пайваст. Ин натиљаи зањматњои шабонарўзии муњтарам Эмомалї Рањмон буд. Дар баробари муваффаќиятњои бадастомада, мушкилоти мављуда низ сол то сол аз байн рафта,

шањрвандони Тољикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш муњтарам Эмомалї Рањмон боз њам муттањидтар гашта, барои шукуфоии Тољикистони соњибистиќлол фидокоронаю аз сидќи дил зањмат мекашанд. Хуб медонанд, ки муњтарам Эмомалї Рањмон чун шахсияти барљастаю эътирофшудаи сиёсии љањонї баъди пирўзї дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, њангоми савгандёдкунї бори дигар иброз дошт, ки ў барои шукуфоиву сарсабзии ватани соњибистиќлоламон љоннисорї хоњад кард. Бале, ў яке аз фарзандони сарсупурда, шуљову далер ва Ќањрамони Тољикистон аст. Миллати мо барњаќ бо муњтарам Эмомалї Рањмон ифтихор мекунад. Муњтарам Эмомалї Рањмон чун мунодии сулњу вањдат ва бунёдкорї, халќу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу љон дўст медорад. Бањри бењбудии некуањволии халќ ва ободии ватани азизаш љонашро фидо мекунад. Њамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин љост, ки ўро халќ дўст медорад ва чун Роњбари давлат эътироф мекунад. Њамин аст, ки халќ ўро дар рўзи интихоботи навбатї аз сари нав Сарвари худ пазируфтанд. Дар њаќиќат,

ў ба ин вазифаи олї арзанда аст. Ин дўстдорї бесабаб нест. Зеро сулњу вањдати њамешагї, пояндагии миллат, истиќлоли ватани азизамон ва ин пешрафту ободињо њама ба номи азизи вай сахт марбут аст. Тўли зиёда аз бисту њафт соли Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва Сарвари давлат будани муњтарам Эмомалї Рањмон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллї дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионї рањої ёфтем. Садњо корхонаю муассисањои истењсолї бунёд гардиданд. Пулу наќбњо ва роњњои њамвор чор тарафи ватанамонро ба њам пайвастанд. Рўзгори мардум рў ба бењбудї овард, ки ин њама шањодати соњибназарї, аќли гиро ва заковати худододии ўст. Халќе, ки худшиносии миллї надорад ва бо гузаштаи худ ифтихоре карда наметавонад, ба партовгоње монанд аст, ки дар гирди он лошахўр-њо љамъ мешаванд. Хушбахтона, худшиносии миллии мо зери роњбарии як нафар вусъат меёбад. Миллатњо гули худрўй нестанд ва мисоли чашма яку якбора ташаккул намеёбанд. Барои ташаккули як миллат дар њама замонњо вањдату худшиносї наќши калидї дошт. Силоњ, ќудрат ва тавоноиву

сармоя ягон арзиш надорад, ваќте дар љомеа худшиносиву вањдату њамдигарфањмї љойгоњи худро соњиб нест. Миллатро таърихашон месозанд ва муњтарам Эмомалї Рањмон баъди барќарорсозии сулњ ба ин љабња рў овард. Гиромї доштани арзиши таърихии Давлати Сомониён алифбои худшиносии фаррохи миллати тољик ба њисоб мерафт. Тањкими забону фарњанги миллї як унсури муњими давлатсозии миллии мо гашт. Бо забони тољикї аз баландтарин минбарњои байналхалќї имрўз муњимтарин мушкилотњои рўи сайёра ироа мешаванд, ки гувоњи ин давлатдории миллии имрўзаи мост. Андешаи дигаре њаст, ки бадбахт он миллатест, ки ќањрамонони худро надошта бошад. Бо ибтикори хоси Эмомалї Рањмон дар замони истиќлолият Тољикистон ќањрамонони худро шинохт. Чунин шароите дар кишвар ба миён омадааст, ки шеваи худшиносї дар љомеа баланд равад. Ваќте як миллат ба худшиносї мерасад, ин маънии онро дорад, ки миллатро ањли башар мешиносад. Тољикистонро чун як миллати соњибтамаддуну соњибмулк дар ташкилоту созмонњои байналхалќї эътироф кардаанд, ки ин ифтихори миллати мост. Шарифхон Тиллоев, узви ЊХДТ

маслињатњои муфид доданд. Дар ноњия сардори хољагии дењќонии “Матлуба” (аз Љамоати дењоти Х.Холматов) Ахмед Аннаматов, ки собиќаи беш аз 20-солаи кирмакпарварї дорад, бо сањмдорони хољагї Рустам Аннаматов, Комил Дониёров, Фотима Лолаева, Замира Дониёрова рўзи 22 апрел ба нуќтаи ќабули ноњия 54 кг пиллаи аълосифат супурданд, ки 4 килограмми он аз наќша зиёд мебошад. Њамин тавр аъзои хољагињои дењќонии “Мањмасаид”, “Навбунёд” (аз љамоати дењоти ба номи Х.Холматов), “Мисратбобо” (аз Љамоати дењоти ба номи Љ. Назаров) тањти роњбарии Мухлиса Далаева, Санам Бегманова ва Бањриддин Њаитов аз 30 то 60 килограммї пиллаи дар мавсими имсола истењсолкардаашонро ба нуќтаи ќабули пилла супурда, ба фатњи ќуллаи мурод наздик шуданд. Ба кирмакпарварони ноњия сари ваќт ба 1 кг пилла 9 сомонї њаќмузд дода мешавад. Онњо маќсад доранд, ки дар соли љорї 35 тонна пиллаи аълосифат ба даст оваранд. Барои иљрои наќшаи истењсоли пилла дар ноњия њамаи шароитњо муњайё мебошад. Роњбарияти ЉСФ «Пиллаи Шањритуз» боварии комил доранд, ки кирмакпарварони соњибноми ноњия соли љорї дар миќёси вилояту љумњурї яке аз нахустинњо шуда иљрои наќшаи истењсоли пилларо таъмин менамоянд.

Соли љорї дар шањри Кўлоб бунёди 15 коргоњ ва 2 корхонаи саноатї пешбинї шудааст. Тайи се моњи гузашта дар ин шањр корхонаи коркарди сангу шаѓал ва коргоњи истењсоли масолењи сохтмонї (алибастер) бо 14 љойи нави корї таъсис дода шуданд. Аз шуъбаи иќтисод ва савдои дастгоњи раиси шањри Кўлоб хабар доданд, ки дар семоњаи аввали соли 2019 корхонањои саноатии шањр ба маблаѓи 55,8 миллион сомонї мањсулот истењсол карданд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 11,8 миллион сомонї зиёд буда, рушди соњаи саноат 126,9 фоизро ташкил дод. Дар ин давра 20 корхонаи истењсолї, аз љумла ЉДММ «Ком-

Дар акс: сардори хољагии дењќонии «Матлуба» (аз Љамоати дењоти ба номи Х. Холматов) Ахмед Аннаматов њангоми пилласупорї. Х. Саидов

Сафари нек бор овард Шарафмандем, ки бењтарин даврони кору пайкорамон дар давлати соњибистиќлол тањти роњбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон рост омадааст. Шахсан барои ман, мањз њидоят ва рањнамої, дастуру супоришњои Пешвои миллат боис гаштанд, ки дар касби худ содиќ монда, ба тарбияи насли наврас машѓул бошам, бањри ба камолот расидани насли ояндасозу ободгари ояндаи давлат сањмгузорї намоям. Дар ин раванд хушоянд ба њар фарди соњибватан он аст, ки Сарвари давлат њангоми сафари худ ба давлатњои дигар барои марду-

ми мо, соњибкорону хољагидорон, табибон ё ањли маориф навиди хуш, дастуру њидоят ва идеяи нав меорад. Ќалбњо пур аз идеяњои нави созандагї мешавад, мехоњї аз худ нишони ободкорие барои мењани азиз, мањали худ гузорї. Хушнуд мешавем, ваќто дар сафарњояш ўро бо хушї истиќбол мегиранд ва аз пешнињодњояш бањра мебардоранд. Тањсину офаринњоро дар бораи сиёсати пешгирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон арзонї медоранд. Аз ин илтифотњо рўњи кас болида мегардад, шукрона мекунї, ки Худованд моро Сарвари раъиятпарвар, дурандеш, инсонпарвар, дидадаро ато фармудааст. Ин маъниро дар сафари нав-

батии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Русия мушоњида кардем. Президенти як мамлакати абарќудрат В.В. Путин бо изњори ќаноатмандї дар нишасти матбуотии сарони њарду кишвар бо намояндагони ВАО баён дошт, ки Эмомалї Рањмон барояш шахси наздик аст, бинобар њамин пеш аз суњбати протоколї бо ў суњбати хоса доштем. Магар аз ин эњтироми бузург нисбати як кишвари тозаистиќлол ва роњбари хирадманди он маъние буда метавонад? Дар ин сафар шартномањои зиёди њамкорї ба имзо расиданд. Ваќте Президенти Русия

Њар кї хандонад ятими хастаро

Худованд саховатпешаро дўст дорад Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии кишвар ќайд намуданд, ки њоло дар љумњурї 149 њазор шахсони маъюб, аз љумла 15 њазор маъюбони гурўњи якум, ќариб 27 њазор маъюбони то 18сола ва 71 њазор ятимон умр ба сар мебаранд. Њамзамон Љаноби олї таъкид доштанд, ки њалли масъалањои њифзи иљтимоии гурўњњои ниёзманду осебпазири ањолиро дар мадди аввал мегузоранд. Ќобили зикр ва боиси ифтихор аст, ки яке аз чунин љавонмардони саховатпеша, соњибкори муваффаќи аъзои фаъоли Њизби Халќии Демократии Тољикистон аз шањри Бохтар Абдуљаббор Хољаев аст, ки солиёни зиёдест кумакњои беѓаразонаи моддию молиявии худро ба шахсони маъюбу камбизоат ва бепарасторону ятимони шањри Бохтару Левакант ва ноњияи Кўшониён расонида, дуои хайри онњоро мегирад. Наврасии Абдуљаббор дар шањраки И. Сомонии ноњияи Кўшониён паси сар гаштааст. Соли 1989 Донишгоњи миллии Тољикистонро бо ихтисоси иќтисодчї хатм намуд. Дар маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ба њайси иќтисодчї ба фаъолият шурўъ кард. Ќобилияти кордонии ўро ба назар гирифта, ба мудири шуъбаи фонди њифзи иљтимоии ањолии ноњияи Кўшониён пешбарї намуданд. Дар солњои љанги шањрвандї мушкилоти зиёде пеш омад. Аксарияти зиёди корхонањо аз фаъолият бозмонданд. Дар он шабу рўз Абдуљаббор фориѓ аз кори идоравї ба дењќониву соњибкорї машѓул мешуд. Бо кадом андешае аз њисоби пасандозаш якбора ду мошини сабукрав харид ва бо хурсандї кали-

ди мошинњоро ба бобояш нишон дод. Ин амали ў ба бобояш Абдуалим хуш наомад. -Ба ин амалат хурсанд шудї? - бо чењраи гирифта аз набера пурсон шуд бобои Абдуалим. - Дар ин шабу рўз ман гумон кардам, ки аз њисоби фоидаи ба даст овардаат ба ягон нафари эњтиёљманд, аз ќабили занњои солхўрдаи дења Сафаргулу Салима кумак расонидаї. Ё ба њамдењаамон Собирљон, ки зану шавњар маризанд, барои табобаташон маблаѓе додаї, дасти кўдакони ятиму бепарасторро гирифтаї. Не, ба љойи хайр, мошин харидаї! Чунин худнамої ба шаъни авлоди мо намезебад. Абдуљаббор бо сари хам аз назди бобо рафт ва њамон шаб то сањар хобаш набурд. Панди бобо аз сари ў намерафт. Њафтаи пешомад ў мошинњои харидаи худро ба бозор бурду бо нархњои њамонваќта фурўхт ва ба чанд нафар эњтиёљманд кумак расонд. Акнун Абдуљаббор бо якчанд иќдомњои хайрхоњона дар дења ва ноњияи Кўшониён соњиби обрў ва эътибори хоса гашт. Соли 1994 ў бо назардошти вазъи душвори шахсони камбизоат ва яккаву танњо иќдоми накў зоњир намуда, хазинаи хайриявии “Ёрмандї”-ро таъсис дод ва ба зиёда аз 100 нафар шахсони камбизоат ва ятим аз њисоби фонди хайриявии худ кумаки беѓаразона расонд. Абдуљаббор Хољаев соли 2003 ба фаъолияти соњибкорї пардохта, дар шањри Бохтар нахустин корхонаи чопи маводњои калонњаљми компютериро таъсис дод, ки то имрўз фаъолияти пурсамар дорад. Ў барои аз худ намудани

Дар зиёд шудани истењсоли сементи љумњурї сањми ЉДММ «Љунгтсай Моњир семент»-и ноњияи Ёвон (33,5%) ва «Хуаксин Ѓаюр семент»-и ноњияи Ёвон (27,3%), ки љамъан зиёда аз 60 фисади сементи тавлидшуда дар кишвар ба онњо рост меояд, назаррас мебошад. Дар ин давра 302,5 њазор тонна семент, аз љумла ба Љумњурињои Ўзбекистон 150,4 њазор тонна, Афѓонистон 140,5 њазор тонна ва Ќирѓизистон 11,6 њазор тонна содир гардидааст. Истењсоли гаљкартон њамчун мањсулоти ивазкунандаи воридот ба 229,6 њазор дона баробар шуда, аз ин миќдор аз љониби ширкати «Ху Чан индустриал»-и ноњияи Ёвон 97,6 њазор дона ба маблаѓи 610,1 њазор сомонї ба Љумњурии Исломии Афѓонистон ва Ўзбекистон содирот карда шудааст. Њаљми содироти масолењ 13,2 миллион доллари ИМА ва њаљми воридот 11,4 миллион долларро ташкил дод, ки содирот ба ќадри 1,8 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии њаљми содирот аз њисоби фурўши семент аст, ки 13,1 миллион долларро ташкил медињад.

КЎЛОБ: АФЗОИШИ 136 ЉОЙИ КОРЇ ДАР СОЊАИ САНОАТ

Шањритуз. Мавсими пилласупорї оѓоз ёфт Кирмакпарварони ноњияи Шањритуз дар миќёси вилояту љумњурї яке аз нахустинњо шуда ба супурдани пилла ба нуќтањои ќабул шурўъ намуданд. Соли љорї бо ибтикори ЉСФ «Пиллаи Шањритуз» ва мусоидати ЉДММ Корхонаи истењсолии «Ганљ» дар ибтидои моњи апрел 830 ќуттї тухми кирмак баъди дар нуќтањои инкубатсияи ноњия дар шароити мусоид зинда гардонидан ба 746 нафар кирмакпарварони 5 љамоати дењоти ноњия, инчунин ЉДММ «Дук» таќсим карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 30 ќуттї зиёд мебошад. Дар соли љорї барои таъмини ѓизои кирмак дар њама хољагињои ноњия 17 њазор нињоли тут шинонда шудааст, ки аз ин миќдор 4000 бех тут аз љониби ЉСФ «Пиллаи Шањритуз» ба хољагињои кирмакпарвар ройгон таќсим карда шудааст. Тутзори ЉДММ «Дук» 7 гектарро ташкил дода, кормандони корхонаи мазкур дар ин мавсим нигоњубину коркарди 8 ќуттї кирмакро ба уњда гирифтаанд. Сарвари Љамъияти сањњомии фаръии «Пиллаи Шањритуз» Азалшо Ќурбонов, дар суњбат иброз дошт, мутахассисони муассиса дар оѓози мавсим риояи парвариши технологияи тухми кирмакро назорат намуда, ба кирмакпарварон

Дар семоњаи якуми соли 2019 корхонањои истењсолии Тољикистон ба маблаѓи 498 миллион сомонї масолењ тавлид кардаанд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 49,9 миллион сомонї зиёд мебошад. Тавре ки ба рўзномаи «Хатлон» аз Вазорати саноат ва технологияњои нав иттилоъ доданд, корхонањои соњаи масолењи сохтмонї љињати дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва таъмини њадафи чоруми миллї - саноатикунонии босуръати кишвар корбарї намуда истодаанд. Имрўзњо бо истифода аз ашёи хоми мањаллї дањњо корхонањои истењсолї фаъолият карда, иншоотњои сохтмониро бо масолењи сохтмонї таъмин менамоянд. - Истењсоли семент дар семоњаи гузашта ба 842,8 њазор тонна, масолењи деворї 15,3 миллион дона, газоблок 7,1 њазор метри мукааб, масолењи ѓайримаъданї 254,3 њазор метри мукааб, гаљкартон 229,6 њазор дона ва шифер 127,0 њазор дона баробар шуд, - зикр кард манбаъ.

В. Путин ёдрас шуда чунин гуфт: “Њоло дар мактабњои пилотии Тољикистон омўзгорони мо дарс мегўянду хоњиши доимї онљо зистан доранд, нишони мењру боварии зиёди русњо нисбати тољику тољикистониён бешак, дањчанд гардид”. Мактабњои нави русзабон бунёд мешаванд. Омўзгорон аз љониби Русия таъмин мешаванд, дўстию бародарї байни тољикону русњо ќавитар мегардад. Магар аз ин бахти бузург барои њарду миллату давлат-Тољикистону Русия, буда метавонад? Аз ин хотир мегўям: сафари навбатии Сарвари давлат ба Русия, ба маънии гуфтаи Мавлавии бузург, барои васл кардан буд, ки он сад дар сад ба фоидаи њарду тараф анљом ёфт. С. Султонов, омўзгор аз ноњияи А. Љомї

нозукињои касби тиљорату соњибкорї якљоя бо гурўњи соњибкорони ватанї ба Љумњурии Мардумии Чин сафар намуда, нозукињои ин касбро аз худ намуд. Акнун Абдуљаббори љавон фаъолияти соњибкории худро дар самти табъу нашр, ороиши шиору овезањои калонњаљм вусъат бахшида, аз технология ва дастгоњњои нави њозиразамон истифода намуда, кўчаю хиёбон, гулгаштњои назди идорањои маъмурии шањри Бохтарро бо тарзу усули њозиразамон ороиш медињад. Ин ороишу овезањои рангину моњиятан зебою дилчасп мањсули дастони пурэъљози ин марди њунар ва шогирдони соњибзавќи ў мебошанд. Ногуфта намонад, ки мањсули дастони ў ва шогирдонаш, ки 12 нафарро ташкил медињанд, дар шањри Бохтар ва дигар шањру ноњияњои вилояти Хатлонзамин аст. Дар баробари фаъолияти пурсамари соњибкорї аз њисоби даромадњои софи корхона соли 2008 мавзеи валангореро харидорї намуда, онро обод кард ва бо иќдоми хайрхоњонаи худ ошхонаеро дар ин бино якљоя бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар ташкил дода, ба 100 нафар пиронсолони яккаву танњои хўроки якваќтаинаи гарм тариќи ройгон ташкил намуданд. А. Хољаев њамон сол дар яке аз вохўрињо бо Пешвои миллат Эмомалї Рањмон иброз дошт, ки амалњои хайрхоњонаи ин љавонмарди саховатпеша идома ёфта, дар ваќтњои љашну маъракањо, рўзњои иди Рамазону Ќурбон кумакњои моддї, аз ќабили орду равѓан ва маблаѓњои молиявї ба оилањои камбизоату шахсони яккаву танњо мунтазам расонида мешавад. Дар суњбат бо собиќадорони мењнати шањри Бохтар Галина Аленикова, Людмила Бунтова, Ќурбонгул Баёнова, Литсенко Евдакия баръало аён гашт, ки онњо аз кумаку дастгирињои хайрхоњонаи ин љавонмард миннатдор буда, њамеша дуои некаш мекунанд. Амалњои љавонмардонаи ин марди саховатпеша бозгўи шоњбайти шоири зиндаёд Абулќосим Лоњутист, ки фармудааст: Њар шаб зи худат бипурс, агарчи мардї, К-имрўз чї хидмате ба мардум кардї? Музаффар Муродов, бойгоншиноси дастгоњи раиси вилояти Хатлон

бинати хонасозї» 13,7 маротиба, ЉСК «Сомон Кўлоб Таљњизот» 8,5 маротиба, «Суѓдиён» (комбинати орд) се маротиба, ЉДММ «Авранг» 1,8 маротиба мањсулотро нисбат ба њамин давраи соли гузашта афзоиш додаанд. Дар натиљаи чораандешињо 8 корхона, ки соли 2018 умуман фаъолият надоштанд, имсол дубора ба фаъолият пардохтанд. Њамзамон КМ «Ресандаи Кўлоб» бо љалби сармояи хориљї ба кор даромад ва 80 нафар шањрвандонро бо љойи кори доимї таъмин намуда, ба маблаѓи 5,3 миллион сомонї мањсулот истењсол кард. Ба корхона хати технологии нав дар моњи март ворид шуда, феълан аз љониби мутахассисон насб шуда

истодааст. Баъди ба кор даромадани хати технологии мазкур њаљми истењсолот 30 фоиз зиёд гардида, 15 нафар иловатан ба кор љалб карда мешаванд. Бо ифтитоњи коргоњи макаронбарории ЉДММ «К-Даврон» 10 љойи нави корї таъсис дода мешавад. Умуман, соли равон нисбат ба њамин давраи соли гузашта шумораи кормандони соњаи саноат 136 нафар зиёд гардид. Дар њамин њол, дар соњаи саноат баъзе камбудињо низ љой доранд. Дар натиљаи мушкилоти молиявї аз 42 корхонаи саноатї имсол 6 корхона истењсоли мањсулотро нисбат ба њамин давраи соли 2018 коњиш дода, 8 корхонаи мавсимї фаъолият накарданд.

Дастовардњои кишоварзї

ДУРНАМОИ КИШТИ БАЊОРЇ ЌАРИБ ПУРРА БА ИЉРО РАСИД Њаљми умумии мањсулоти кишоварзї дар шањри Кўлоб тайи се моњи гузашта 16,3 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба њамин давраи соли гузашта 948 њазор сомонї зиёд аст. Бино ба иттилои масъулони идораи кишоварзии шањри Кўлоб, саршумори чорвои калон, гўсфанду буз, паранда ва асп нисбат ба њамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, истењсоли гўшт, шир ва тухм зиёд гардид. Моњипарварї дар Кўлоб рушд ёфта истода, дар майдони 82,7 гектар барои 27 хољагї њавзњои моњї ташкил шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2,4 гектар зиёд мебошад. Барои бунёди њавзњои моњї 76 гектар ќитъаи замин ба хоњишмандон људо гардида, бунёди њавзњо идома доранд. Сайди моњї 82,3 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 1,3 тонна зиёд мебошад. Тавре ки хабар доданд, айни њол сохтмони фермаи парандапарварї барои 100 њазор сар паранда идома дошта, дар назар аст, ки дар моњи сентябри соли равон ба истифода супорида шавад. Сохтмони фермаи чорводорї низ барои нигоњубини 50 сар чорвои зоти шведї идома дорад. Дар соли 2019 дар майдони 50 гектар бунёди боѓ пешбинї шуда буд, ки пурра иљро гардид. - Дар Љамоати дењоти «Дањана» гармхонаи доимоамалкунанда сохта шуда, айни замон дар он парвариши бодирингу помидор ба роњ монда шудааст, - зикр

кард сарчашмаи хабар. – Њамзамон, сохтмони сардхона барои 100 тонна меваю сабзавот ва 42 љойи фурўш дар дењаи Тоќакаппа бо љалби сармояи хориљї ба истифода супорида шуда, 52 љойи нави корї фароњам гардид. Дар Љамоати дењоти «Зиракї» бошад, сохтмони 26 гармхона ва 4 сардхона барои нигоњдории зиёда аз 800 тонна мањсулот идома дорад. Айни њол, дар 10 гармхона сабзавот парвариш ёфта истодааст. Аз рўи маълумот, ба 1 апрели соли равон, кишти зироатњо њамагї дар майдони 4262 гектар гузаронида шуд. Аз он љумла кишти ѓалладонагињо дар 2660 гектар (104%-и дурнамо), картошка дар 133 гектар (100,7%), сабзавот дар 529,7 гектар (62%), аз љумла пиёз дар 316 гектар (100,3%) ва зироатњои хўроки чорво дар 421 гектар анљом ёфт. Дар љамоатњои дењот кишти бањорї идома дошта, имконият њаст, ки дурнамои кишт дар муњлати оптималї ба анљом расонида шавад. Кишти пахта дар хољагињои пахтакори Кўлоб мувофиќи дурнамо дар 3000 гектар пешбинї шуда, 257 адад техникаи зарурї ва тухмињои чигит омода гардида, тибќи маълумот, ба њолати 10 апрели соли равон дар майдони 1800 гектар ё 60 фоизи дурнамо кишти пахта гузаронида шуда, ин маърака вобаста ба боду њаво бомаром идома дорад. М. Носирљон, «Хатлон»

Насињати модар ба духтар

ЊАР КИРО ХУЛЌИ НАКЎ БОШАД, БИРАСТ Духтарам, ту давомдињандаи обрўву эътибор, посдорандаи шарафу номуси мо њастї. Њар ќадар ту хушахлоќу хушгуфтор, бо иффату њаё бошї, њамон ќадар ќалби ман шоду осуда мегардад. Зеро бо нишон додани одобу интизоми ту кї будан ва чї тарз тарбия додани як зан, як модар маълум мегардад. Бењуда намегўянд, ки «Модар чї гуна - духтар намуна». Пеш аз донишманд будан, бахусус барои зан бењтарин ва ќиматтарин дорої, ин ахлоќи ўст. Азизи модар! Хушахлоќї фаќат дар оила на, балки дар байни љамъият низ барои ту зарур аст. Ваќте ту шоиста ва намуна њастї, њатман нисбат ба атрофиёнат бетаъсир намемонад. Љони модар! Ахлоќ яъне чї? Ахлоќ ин эњтиром аст. Эњтиром аввал ба худат, дувум ба волидайнат, саввум ба устодонат, чањорум ба дўстонат, панљум ба калонсолон ва билохир эњтиром ба љамъият аст. Эњтиром яъне чї? Эњтиром ин хушгуфторист. Хушгуфторї яъне чї? Хушгуфторї ин муомилаи хуш доштан бо атрофиён аст. Дар љойи лозима сухан гуфтану дар љое, ки зарур нест, хомўш нишастан аст. Кўшиш намо, ки дар ваќти сухан гуфтан аз доираи ахлоќ берун набарої. Зеро, агар забони ту ба суханњои пучу бемаъно одат кунад, ту пеш аз њама як зани њарзагўй ва бењудагўй байни мардум муаррифї мешавї. Ин тарзи гуфтор дар зиндагии ояндаи ту, ки њамсар ва модару келин мешавї, таъсири манфї мерасонад ва он ваќт аллакай барои ислоњат дер мешавад. Духтари гулам! Мо худро мусулмон, ориёйї ва дорои фарњангу маънавиёти бою ахлоќи њамида мегўем, аммо бархеи мо рафтору гуфторамон на ба ин монанд асту на ба он. Мусулмон ва ё ориёї дорои маданияти баланд, сирату сурати озода, гуфтори хуб, рафтори хуб ва монанди инњост. Мутаассифона, имрўз мебинам, ки баъзе љавондухтарон бисёр даѓал муомила мекунанд, тоќати бањс надоранд, тањаммулпазир нестанд. Дашномњои ќабењ, дурўѓу ѓайбат, бадмастї, фоњишагї бархеро одат гаштааст, ки њамаи ин барои мо - тољикон зебанда нест. Барои пешгирї ва барњам задани одатњои бад

мо анъанаву суннатњои неке дорем, ки эњё ва риояи онњо боиси рушди љомеа ва сарбаландиамон мегардад. Тољикон, умуман халќњои мусулмон, аз дигарон дида воситањои хубтари тарбияи ахлоќї доранд. Дини поки мо, бузургони илму адабу ирфони мо дар њама асрњо моро ба роњи рост, рўзгори солим, риояи одобу ахлоќи њамидаи инсонї талќин кардаанд ва мекунанд. Паёмбар Муњаммад (С) мефармоянд: «Бењтарини Шумо касонеанд, ки ахлоќашон накўтар аст». Азизам! Мегўянд, ки «химча дар тар буданаш ќад мешавад». Ман њам мехоњам, ки ту барои худат аз даврони толибилм буданат ояндаи неке бисозї. Њамеша ростгў бош, дурўѓ нагўй. Амонатро адо намо, хиёнат накун. Ањдњо ва ваъдањоро вафо намо ва хиёнату ањдшиканї накун. Аз касе, ки зулм њам намояд, гузашт кун, бахшанда бош. Сирро нигоњ дор ва онро ба касе накушо. Ятимро зулм накун, балки бар он мењрубон бошу эњтиромаш намо. Њамсояро азияту озор надењ, балки њаќќашро ба ў адо кун. Калимањои зишт ва бадро мисли дашном ва лаънат кардан, ба забон наовар, балки хушзабон бош, љуз ба каломи нек сухан нагўй. Мањз ахлоќи њасана ва некўст, ки ин ба инсон зиндагии хубу оромиши зоњирию ботинї ато мекунад. Вуљуди инсонњои дорои ахлоќи њасана барои дигарон мояи рањмату оромиш аст ва баръакс, аз инсонњои бадахлоќу зишт њамагон безору гурезонанд. Ин гуна ашхос ба онњое, ки робита доранд, нохушию бадбахтї меоранд. Ба ќавли Мавлоно: Ман надидам дар љањони љустуљў, Њељ ањлият бењ аз хулќи накў. Њар киро хулќи накў бошад, бираст, Њар касе, к-ў шишадил бошад, шикаст. Пас бидон, ки сурати хубу накў, Бо хисоли бад наярзад як тасу. В-ар бувад сурат њаќиру нопазир, Чун бувад хулќаш накў, дар пош мир. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»


4

ХАТЛОН

чоршанбе, 24 апрели соли 2019, №17 (3202)

ба истиќболи рўзи Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї

ЗИНДАЮ ЉОВИД МОНД...

Насли калонсоли ноњияи Муъминобод Шариф Салимовро мешиносанд ва хуб дар ёд доранд. Ў иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї ва сохтмончии муваффаќи ноњия буду бо хоксорї, фурўтанї ва хислатњои неку наљибонаи инсониаш байни хосу ом ќадру ман-

залати баланд дошт. Шариф Салимов соли 1925 дар дењаи зебоманзари Шуѓноншањр ба олами њастї чашм кушодааст. Баъди хатми синфи 7 – ум колхозчї шуда кор мекунад. Дар синни 17 солагї ўро ба њимояи ватан – модар даъват мекунанд. Вай тайёрии љангиро дар яке аз шањрњои Руссия мегирад. Фаъолияти љангиаш аз Љумњурии Украина оѓоз меёбад. Шарифи љавон дар фронти якуми Украина, дар яке аз дивизияи њамин фронт фаъолияти љангии худро оѓоз менамояд. Сарфармондењи фронт, Маршали Иттињоди Шўравї К. Г. Жуков ва роњбари сиёсї ва тарбиявии дивизия Л. И. Дрежнов буданд. Љавонписари далери тољик бар зидди фашистон мељангид. Шариф дар озод кардани шањрњои Киев, Харков, Донетск, Житомир ва дигар шањрњои Украина ишти-

рок кард. Дар ин набардњои шадид аз ду тараф талафоти калон ба назар мерасид. Фашистон чун шаѓоле аз њайбати шер дар гурез буданд. Армияи зафарманди Шўравї душманро шикаст дода, ба озод кардани давлатњои Европа оѓоз намуд. Ќањрамонписари тољик дар озод намудани давлати Руминия низ далерї нишон дод. Шариф Салимов барои далерию љасурї дар Љанги Бузурги Ватанї бо бисёр ордену медал ва рањматномањо ќадр гардида, бо сари баланду рўйи сурх, бо синаи пур аз ордену медал ба дења баргашт. Шариф Салимов соли 1945 техникуми сохтмонии шањри Сталинободро хатм намуда, дар колхоз сохтмончї шуда кор мекунад. Баъди барњам хурдани ноњия

солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї

раки 61 расидаасту њама фарзандонро соњиби хонаи обод кардааст, он солњои пуразобро бо алам ба ёд меорад: «Ман аз танњої азоб кашидам, зан њамон ваќт ба ќадри шавњараш мерасад, ки дар бараш нест. Будани мард дар бари зан, бахусус дар синну соли љавонї, ки танњо мемонад, муњим мебошад. Аммо, чї илољ, аз ќисмат љойи гурез нест». Садбарг дар хурдсолї аз модари кулолгару њунармандаш ќуроќдўзиро омўхта буд ва дар баробари ин шавќи ширинипазї низ дошт. Дар њамон айёми душвори зиндагї, ки бадбахт гардида буд, бо дастони пурњунараш ба пухтани ширинињои гуногун машѓул шуд. Шабона њар гуна ширинї мепухту рўзона дар бозори ноњия онњоро мефурўхт, то фарзандонашро серу батанпўшида ба воя бирасонад. Садбарг дар фасли сармо ба пухтани санбўсањои танўрї машѓул буд. Дар як рўз то 300-400 адад санбўса мепухту мефурўхт. Баъдтар, ваќте фарзандони Садбарг Туѓёнова калонтар ва ба ў кумакрасон шуданд, дар баробари пухтани ширинињо, инчунин ба дўхтани кўрпаю болишт, куртаю ќуроќдўзї низ машѓул гардид. Њар касе шоњиди њунари Садбарг Туѓёнова мешавад, воќеан бовар мекунад, ки њунари ў бемисл аст. Кўрпаю болиштњои ќуроќии ў хеле нозуконаву ќашанг дўхта шудаанд. Ў њар як матоъро чанд маротиба чен мекунаду баъдан мебурад. Як хатои хурдакак њам ба чашми ў менамояд ва лозим ояд, чанд маротибаи дигар каљињоро рост мекунад. Садбарг кори сарсариро дўст намедорад. Интихоби рангњои ба њам мувофиќ, матоъњои зебо ва љобаљогузории порањову мањорати баланди эъљозкории Садбарг ба њамаи ин зебоињо њусни дигар зам менамояд. Ў кушиш мекунад, ки ќуроќи ќадимиро бо тарњи нав, ќуроќи

замонавї омехта сохта, як њунари муосиру пурљилоро муаррифї созад. - Ќуроќњои замони пешин бештар рангњои торик дошт, аммо мо имрўз аз рангњои равшан низ истифода мекунем, - мегўяд Садбарг. - Ба болишту чодарњои арўсї вобаста ба завќи фармоишгарон њар гуна зангўлаву лентањои зебо њам зам менамоям. Љињози гањвораро бошад, бештар бо рангњои равшан медўзам, зеро кўдакони хурдсол ба ранги торик диќќат намедињанд. Зери ќуроќњоям гарчанде харљи зиёдатї мешавад, ба хотири мустањкаму зебо намудор шуданашон астарї мегузорам. Рости гап, бекор нестам ва бекористиро њам хуш надорам. Њарчанд синнам барои роњати фарзандонро дидан расидааст, аммо аз ин њунар дил канда наметавонам. Њунарамро дўст медорам, зеро њамин њунар маро сарафроз кард, нагузошт, ки пеши касе сархам бошам. Њамин њунар маро мардона нигоњ дошт ва дар лањзањои душвори умр њам аз бемардї натарсидам. Бо њамин њунар, сад шукр, ба фарзандони нимятимам нони њалол додаму онњоро бо сари баланд хонадор кардам. Андеша дорам, ки њунар барои њама занњо њамчун фонди эњтиётї бояд аз худ карда шавад. Агар зан соњибњунар бошад, шаш нафар чї, ки дањ нафарро мехўронаду мепўшонад. Аз њамин хотир, ман њамеша духтарону келинњоро ташвиќ мекунам, ки соњибњунар бошанд, то ин ки дар бозињои таќдир дар миёнароњ намонанд. Ќудрати њунар Садбаргро байни мардуми ноњияи Панљ ва берун аз он, то шањри Душанбе њамчун зани њунарманду чирадаст шиносонид. Харидорони ќуроќњои дўхтаи ў дар Душанбе њам кам нестанд. Ваќте барои арўсони панљї, ки баъзеашон дар Душанбешањр ба шавњар мебароянд, болишту кўрпа, чодару дастархонњои ќуроќї медўзад, њаќќу њамсоя, хешу табори домод мафтуни наќши дастони Садбарг мешаванд. Онњо баъди якчанд рўз ба Садбарг фармоиш медињанду бесаброна интизори љињози ќуроќи хеш мешаванд. - Вале бояд бигўям, ки ќуроќдўзї кори сањлу осон нест, - иќрор мекунад ин бонуи њунарманд. - На њар кас тобу тоќати иљрои ин њунари майдакориро дорад. Танњо шахсе ин њунарро аз худ карда метавонад, ки завќи зебоипарастї доштаву ботањаммул бошад. Гоње њамсоядухтарњоро бекор бубинад, даъват мекунад, то биёянду ин њунарро дар пеши ў омўзанд, аммо ќисмате аз онњо, ки хеле љавон њастанд, майдакориро дўст намедоранд ва шояд ба њамин хотир, аз омўхтани ин њунар дилгир мешаванд. Садбарг хонаи хурдакакеро њамчун коргоњ ба иљора гирифтааст. Солњост, ки дар дил орзуи соњиби коргоњи мустаќили худ ё боргоњи њунарие шуданро мепарварад. Ў инчунин мехоњад барои љавондухтарони Панљ њунарашро омўзонад, вале аз он сабаб, ки коргоњаш хеле хурд асту шароити омўзонидани занонро надорад, хомўш аст. Умед дорад, ки дар оянда бо дастгирии маќомоти давлатї имкони рушди бештар додани њунари худ ва таъсиси коргоњи бузургтареро пайдо хоњад кард. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Љинояти гўшношуниди аз љониби падар ба ќатл расонидани духтари пурорзуяш дар ноњияи Шањритуз зуд пањн гардид. ...Зоитова Сурайё Абдуљабборовна соли 2013 ба шањрванд Ќобилов Комил, сокини ноњияи Ќубодиён ба шавњар баромада, аз зиндагии якљоя соњиби 2 фарзанд шуданд. Онњо зиндагии хуш доштанд. Вале бо гузашти солњо байни онњо љангу љанљолњои оилавї сар зада, бахташонро талх намуд. Оќибат муноќишањои оилавї соли 2015 онњоро аз њам људо намуд. Сурайё бо ду фарзанди ноболиѓ ба хонаи волидонаш, воќеъ дар ноњияи Шањритуз, Љамоати шањраки Шањритуз омад. Баъдан ў ба сифати пешхизмат дар ошхонањои њудуди ноњия кор карда, дар як ваќт ба бероњагардї, истеъмол намудани нўшокињои спиртї ва дигар корњои ношоям даст мезадагї шуд. Аз ин рафторњои ношоями ў падараш Заитов Абдуљаббор Очилович огањї ёфта, якчанд маротиба вайро сарзаниш мекунад, то духтар аз ин роњи бадахлоќї баргардад, ўро дар назди хешу табор ва њамсояњо сархам накунад. 19 январи соли 2019, тахминан соати 13:45 Одинаев Абдуњошим Абдувалиевич ба суроѓаи Зоитова Сурайё Абдуљабборовна омада, маблаѓи 30 сомонї ќарзи додаашро талаб мекунад. Дар он ваќт Заитов Абдуљаббор Очилович дар бораи ќарздор будани духтараш огоњї ёфта, дар назди Одинаев А. ўро як шаппотї зада, вориди њавлиаш намуд. Баъди ба сањни њавлї даромадан духтарашро сарзаниш карда гуфтааст, ки то кай мушкилии ў ва апааш Муњайёро њал мекунад. Падар Сурайёро бо ду фарзанди ноболиѓ ва хоњараш Зоитова Муњайёро бо як фарзанди ноболиѓ нигоњубин карда, дигар имконияти пардохти маблаѓи ќарзи онњоро надошт. Баъди сарзаниш ва як шаппотї задан духтараш Сурайё гапгардонї намуда, ба тарафи бинои њаммом гурехт. Падар бо маќсади ќасдан аз њаёт мањрум сохтан аз сањни њавлї ноќили барќии дарозиаш тахминан 1,5-2 метраро ёфта, духтараш Сурайё Зоитоваро думболагирї кард. Ўро дар назди бинои њаммом дастгир

Номгўйи амвол

Соли барориш

Мансубият

Арзиши ибтидої (сомонї)

1

Автомашинаи тамѓаи «Мерседес Бенс», раќами давлатиаш 034ХВ 03

1994

Филиали КВД “Тољиксуѓурта” дар ноњияи Љ. Балхї

4000 (чор њазор) сомонї

Ќабули дархост барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Љойи баргузории музояда: шањри Бохтар, кўчаи Сино 4. Фурўш бо усули англисї сурат мегирад. Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатї барои иштирок кардан дар музояда, барои автомашинањо 15 нишондињанда, њисобњо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок тариќи наќдї ба хазинаи корхона ё ѓайринаќдї ба суратњисоби корхона супорида мешавад. Дар њолати ѓолиб баромадан харидор ба њисоби фурўшанда ба миќдори 5% маблаѓи комиссионї ва 0,5% бољи давлатї аз арзиши фурўши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурўши лот дохил намешавад. Маълумотњои иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони 2-77-25 гирифта метавонед.

Асалмо САФАРОВА

Дар як ваќт Зоитов А.О. њамсараш Ќодирова Ќ., фарзандаш Зоитова М. ва наберагонашро огоњ намуд, ки дар ваќти кормандони њифзи њуќуќ аз онњо пурсиш намудан бардурўѓ нишондод дињанд, гўё Сурайё худро бо рўймол дар дохили њаммом овехта ба њалокат расидааст. Њамин тариќ, Зоитов Абдуљаббор Очилович бо ин кирдори ќасдонаи худ љинояти дар моддаи 104 ќисми 1 КЉ Љумњурии Тољикистон пешбинишударо содир намудааст, ки он љавобгарии љиноятиро барои одамкушї, яъне ќасдан аз њаёт мањрум сохтани шахс муќаррар менамояд. Парвандаи љиноятии мазкур аз љониби раисикунандаи раиси Суди ноњияи Шањритуз Зуњуриён Х. А. бо иштироки айбдоркунандаи давлатї Абдуллозода А.У. баррасї карда шуда, бо њукми Суди ноњия аз 15 апрели соли 2019 нисбати Зоитов А.О. бо моддаи 104 ќисми 1 КЉ Љумњурии Тољикистон љазои мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 8 сол бо адо намудани љазо дар колонияњои ислоњии дорои низомаш сахт љазо таъин карда шуд. Падар барои њар як инсон муќаддас аст. Мутаассифона, дар љомеаи имрўза падароне низ њастанд, ки дар ваќташ ба тарбияи фарзанд ањамият намедињанд ва баъдан, ба ќавле, барои худсафедкунї ва њифзи номи худ аз кирдори ношоистаи фарзанд даст ба ќатли љигарбанд мезананд. Пеш аз њар кор инсон бояд аввал андеша намояд ва хашмро, ки нишонаи шайтонист, аз вуљуди худ дур созад. Чанд сол пеш академики маъруф Юсуфшоњи Ёќубшоњ дар вайронањои ќасри шоњони Хатлон - Њулбук, шоњкосаеро дарёфт, ки дар он љо чунин сатрњо хаттотї гашта буданд: “Хашм нишонаи бохтан аст”. Падари фарзандкуш Абдуљаббор Зоитов бо ин амали худ њама чизро бохт. Варќаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараљаи 1

ДИЌЌАТ: МУЗОЯДА!

№

Сармуњаррир

ТАДБИРЊОИ САРИВАЌТЇ БАРОИ ПЕШГИРЇ АЗ ЊОЛАТЊОИ ФАВЌУЛОДА

Исмоил ЉАБИНЗОДА

ПАДАР ЌОТИЛИ ДУХТАР

ДИЌЌАТ: МУЗОЯДА!

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон

Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» дар ноњия 8 комиссияи доимї ва 102 комиссияи љаъмиятї оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо таъсис дода шудааст. Дар давоми семоњаи якуми соли 2019-ум 80 тўйи домодию арўсї, 36 ќайди никоњ гузаронида шуда, маблаѓи умумии маъракањо 219,700 сомониро ташкил медињад. Ф. Љамолиддин иброз намуд, ки дар ноњияи Шамсиддин Шоњин айни замон 67 масљид дар асоси талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» ва оинномањо фаъолият намуда, бањри иљрои талаботи боби 4-и моддаи 13-и Ќонуни мазкур дар бораи баќайдгирии давлатї ва аз нав баќайдгирии иттињодияњои динї соли 2019 аз ќайд гузаштанд.

ва бо ноќил буѓї намуда, ба њалокат расонид. Ноќилро ба тарафи ошхона партофт. Падари ќотил љасади духтараш Сурайёро дохили њаммом намуда, бо маќсади худро аз љавобгарии љиноятї рањо намудан амалиёти дигареро ба кор бурд. Гўё духтараш худро овехта бошад, рўймоли номбурдаро гирифта як ќисми онро ба ќубури обрезии њаммом ва ќисми дигарашро, дар гардани Заитова С. А. озодона баста монд.

Бахши Хатлонии корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї рўзи 13 майи соли 2019 музоядаро тањти №1 оид ба фурўши амволи зерин ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

«ХАТЛОН»

Зиндаю љовид монд, њар кї накуном зист, К – аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Дар ноњияи Шамсиддин Шоњин аз љониби бахши сабти асноди њолати шањрвандї, бахши кор бо занон ва оила љињати дар амал татбиќ намудани ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни ањолии љамоатњои дењоти “Доѓистон”, “Шўрообод”, “Саричашма” ва “Чагам” корњои маърифатию таблиѓотї ва фањмондадињиро доир намуда, мазмуну моњияти онњо ба сањми мардум расонида шуд. Бино ба иттилои Ф. Љамолиддин, мудири бахши дин, танзими анъана ва љашну маросими ноњияи Шамсиддин Шоњин, барои дуруст ба роњ мондани фаъолият дар самти амалишавии Ќонуни

Љиноят ва љазо

САД РАНГИ ЊУНАРИ САДБАРГ - Баъзењо андеша доранд, ки њунарњои дастї ва майдакорї асаби инсонро заиф мекунад. Ба андешаи ман, бењтарин доруи асаборомкунанда барои шахс андармон будан ба њунари хеш аст, - мегўяд Садбарг Туѓёнова, бонуи њунарманд аз ноњияи Панљ. Ќиссаи рўзгори ин зани њунарманд пур аз афсонањои ѓамангезу хотирањои талх аст. Садбарг њамагї 32 сол дошт, ки љанги хонумонсўз њамсари бовафою ќаламкашаш Сайвалї Насибовро дар синни хеле љавонї аз ўву шаш фарзанди хурдсолаш то абад људо кард. Садбарг гарчанде имрўз ба синни мубо-

(соли 1958) дар совхози номдори Муъминобод ба њайси сардори бригадаи сохтмончиён фаъолияти мењнатиашро идома медињад. Сањми акаи Шариф дар сохтмони биноњои истиќомативу маъмурї назаррасанд. Ин аст, ки номи ў вирди забонњост дар ноњияи Муъминобод. Дар љабњаи мењнат њам ў

ќањрамонї нишон додааст. Борњо барои мењнати пурсамараш ў сазовори рањматномаю ифтихорнома ва мукофоти молию пулї гаштааст. Корнамоињои љангї ва мењнатиаш ўро байни мардуми ноњия обрўманд ва шарафманд гардониданд. Шариф Салимов аз худ 10 фарзанди нексиришту соњибномро боќї гузошт. Номбардори ў писараш, шоири шинохтаи тољик, корманди Сафоратхонаи Тољикистон дар Љумњурии Белорус Салими Хатлонї мебошад. Акаи Шариф имрўз дар ќайди њаёт нест. Вале ў бо кори неку хислатњои наљибаш дар дили мо зиндааст. Ватан њељ гоњ хизмати чунин фарзандонашро фаромўш нахоњад кард.

ЊАДАФ - фањмонидани МАРДУМ АЗ ЌОНУНЊОИ АМАЛКУНАНДА

Бахши Хатлонии Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї музоядаи №1-ро рўзи 27 майи соли 2019 оид ба фурўши иншоотњои ѓайриманќул ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бинои матбааи ноњияи Ховалинг, соли баистифодадињї-1978, нархи ибтидої- 4601 сомонї, мансуб ба идораи матбааи ноњияи Ховалинг. Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Љойи баргузории музояда: шањри Бохтар, кўчаи Сино 4. Фурўш бо усули англисї сурат мегирад. Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатї барои иштирок кардан дар музояда, барои автомашинањо 15 нишондињанда, њисобњо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок тариќи наќдї ба хазинаи корхона ё ѓайринаќдї ба суратњисоби корхона супорида мешавад. Дар њолати ѓолиб баромадан харидор ба њисоби фурўшанда ба миќдори 5% маблаѓи комиссионї ва 0,5% бољи давлатї аз арзиши фурўши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурўши лот дохил намешавад. Маълумотњои иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони 2-77-25 гирифта метавонед.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

Дар Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон, дар асоси Ќарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи ташкил ва гузаронидани чорабинињо оид ба пешгирї ва рафъи њолатњои фавќулода дар шањру ноњияњои вилоят” бо маќсади пешгирии оќибатњои офатњои табиї чорабинї гузаронида шуд. Бино ба иттилои Муродљон Муидинов, сардори бахши кор бо љомеаи Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон, дар натиљаи андешидани тадбирњои сариваќтї, аз ќабили корњои соњилмустањкамкунї, тоза кардани каналњо, селроњањо, сойњо ва зањбуру зањкашњо тариќи ташкили њашар гузаронида шуд. Инчунин, дар ин самт аз љониби масъулони Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилоят наќшаи чорабинињо аз 18-20-уми апрели соли равон оид ба пешгирии

њолатњои фавќулода дар шањру навоњии вилоят тарњрезї шудааст. Дар асоси он корњои соњилбандї, тоза кардани каналњо, селроња ва зањбуру зањкашњо роњандозї гардидаанд. Дар чорабинии мазкур 38925 метр зањбуру зањкаш ва каналњо тоза карда шуда, 2480 метр хобонидани симтўр ва 44190 метр тоза кардани роњњо, 615 метр мустањкам кардани соњил, 14076 метр тоза намудани селпартовњо ва инчунин дар ин чорабинї 3 њазору 38 нафар коргарон, 12 њазору 234 нафар ањолї ва 185 адад наќлиёт ва механизмњо љалб карда шуданд. Њамчунин, иттилоъ дода шуд, ки тибќи маълумоти Агентии обуњавошиносии Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон рўзњои 24-25-уми апрели соли равон дар њудуди вилоят њавои номусоиди таѓйирёбанда, боридани боронњои пуршиддат дар назар гирифта шудааст. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

Диќќат: Музояда!

Иљрочиёни Хадамоти иљро дар шањри Бохтар рўзи 6 майи соли 2019, соати 10:00 музоядаи такрориро оид ба фурўши амволи тањти њабс ќарордоштаи ќарздор Ќурбонов Бахтиёр Њамроќулович бо 20% кам намудан аз арзиши ибтидої эълон менамояд. № Т/р

Номгўи амволи њабсгардида

Миќдор (адад)

Мансубият Нархи ва суроѓа ибтидої Дар Автомашинаи сабукрави майдончаи 2800 (ду тамѓаи “ДЭУ-СИЕЛО”, љаримавии њазору 1. раќами давлатиаш в 6185 1 (адад) ШБДА њашсад) к01, соли барориш 1995, РВКД дар сомонї рангаш асъорї шањри Бохтар Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ба суратњисоби иљрочиёни Суди шањри Бохтар дар њаљми 5 фоизи арзиши амвол пардохт карда мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83222) 3-31-10, 3-25-34 ва 93-300-20-47 гирифта метавонед. САРРАЁСАТИ МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШЃОЛИ МАНСАБЊОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТЇ

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон: 1.Сардори шуъбаи кадрњо ва сиёсати њуќуќ. 2.Сардори шуъбаи бањисобгирии алоќа бо бонкњои Раёсати хазинадорї. 3.Сармутахассиси шуъбаи кадрњо ва сиёсати њуќуќ. 4.Мутахассиси шуъбаи бањисобгирии алоќа бо бонкњои Раёсати хазинадорї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Шањри Бохтар, кўчаи А. Сино-3, бинои Сарраёсати молияи вилояти Хатлон. Телефон барои тамос: 8(3222)2-20-56, 2-23-46. Муњлати ќабули њуљљатњо: баъди нашри эълон 21 рўз муњлат дорад. эътибор надорад Шањодатномаи гумшудаи АБ №131779, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2002 МТМУ №20-и ноњияи Вахш ба Собирова Тамано Нодировна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №276303, ки онро соли 1986 МТМУ №20-и ноњияи Вахш ба Султонов Файзалї Шералиевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №0702402, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2003 МТМУ №6-и шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) ба Акрамов Муњамадљон Камолиддинович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-АТУ №0408960, ки онро соли 2017 литсейи давлатии “Ориёно”-и шањри Бохтар ба Собитов Мањмудалї Бањромжонович додааст, эътибор надорад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Комрони БАХТИЁР Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 24.04.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи 17-2019 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu