Skip to main content

Хатлон 13

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №13 (3150)

Панљшанбе, 5 апрели соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Боздид аз мамнўъгоњи «Хуталон» дар ноњияи Данѓара

Масоњати заминњои мамнўъгоњи “Хуталон” 6 њазор гектарро ташкил дода, бо дастуру њидоятњои Сарвари давлат дар ин љо парандагону чорвои нодир, аз ќабили оњуи холдор, уреал-гўсфанди кўњии бухорої, муфлон ва аз парандагон бошад, асосан тазарв парвариш меёбад. Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи зиёд намудани саршумори оњуи холдор, гавазни бухорої, хуки вањшї ва мурѓи тазарв» ќарори махсус ќабул намуда буд ва дар доираи татбиќи ин ќарор то имрўз дар саросари кишвар барои рушди соња, парвариши бештари чорво ва парандагони нодир, ки ба китоби сурхи Тољикистон ворид карда шудааст, тадбирњои мушаххас амалї мегардад. Айни њол дар мамнўъгоњи “Хуталон” беш аз 500 сар оњуи холдор мављуд аст ва Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї

3 апрели соли равон чорабинии вилоятї бахшида ба рўзи аввали гусели наваскарон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар сањни Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар бо иштироки беш аз 7 њазор нафар љавонон, афсарону сарбозон ва фаъолон баргузор гардид. Љавонон бошанд, бо шиору навиштаљоти ватандўстона, парчамњои рангоранг ва рўњияи ватандўстона љамъ омада буданд. Муњиддин Шарифзода, муовини комиссари њарбии вилояти Хатлон, Фармони Президенти Љумњурии Тољикистонро ќироат намуд. Инчунин, дар доираи маъракаи даъвати бањории љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон нахустин гурўњи љавонони вилояти Хатлон, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст, бо тантана ба артиш сафарбар карда мешаванд. Дар чорабинии мазкур Давлатшоњ Гулмањмадзода, раиси вилояти Хатлон ширкат варзида, изњор дошт, ки љавонони ватандўсту бонангу номуси мо бо дарки масъулият ва њисси ифтихори милливу хештаншиносї њамеша барои иљрои рисолати фарзандии хеш омода њастанд. - Имрўз Ќуввањои Мусаллањи Тољикистон њам аз лињози таъминоти моддию техникї, њам аз лињози ќудрату мањорати њарбї ва низоми њайати шахсї аз солњои пешин афзалият дорад ва мо ифтихор аз он дорем, ки љавонони вилояти Хатлон низ дар таъмини сулњу оромї ва амнияти кишвар сањми назаррас доранд, - зикр кард Д. Гулмањмадзода. - Хизмат кардан ба ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муќаддаси њар як љавон мебошад. Њар як хизматчии њарбї бояд хуб дарк намояд, ки ватандўстї ин арзи садоќат ба Ватан-модар ва халќу давлати соњибистиќлоли худ буда, дар пос доштани арзишњои миллї ва аз тамоми манфиатњо боло гузоштани манфиати давлату халќ зоњир мегардад. - Имрўз дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон тамоми шароит барои сарбозон фароњам оварда шудааст. Љавонон бояд аз хизмати њарбї саркашї накарда, марзу буми ватани азизамонТољикистонро якдилонаву содиќона њимоя намоянд,- зикр намуд Исломбек Султонов, сарбози ќисми низомии 07256-и Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон. Сипас, Њанифа Саидмуродова, модари яке аз наваскарон аз шањри Левакант аз номи модарони даъватшудагон ба сухан баромада, гуфт, ки онњо аз даъвати фарзандонашон ба сафи љавонмардони миллат мефахранд ва дигаронро низ ба он тарѓиб намуда, хушнуд аз он аст, ки писараш ихтиёран дар сафи Ќуввањои Мусаллањи мамлакат хизмати аскариро ба љо меорад ва марзу буми ватанро њифз менамояд.

Парвози њавопаймоњо аз Фурудгоњи байналмилалии шањри Бохтар пас аз танаффуси дањмоња аз сари нав шурўъ гардид. њайвонот дар фасли сармо, дигар њайвоноту наботот ва тавассути ин муњайё намудани заминаи рушди туризм супоришњо доданд. Мавриди зикри хос аст, ки табиати нотакрору бињиштосои Тољикистон имрўзњо таваљљуњи сайёњони дохилию хориљиро бештар ба худ љалб кардааст. Хислатњои њамидаи мењмоннавозию инсондўстии Пешвои миллат, амну субот дар саросари кишвар, сиёсати дарњои бози Њукумати Љумњурии Тољикистон, рушди бахшњои муњим, фасли зебои бањор, рўду чашмањои мусаффо, кўњњои сарбафалак, мавзеъњои таърихї, мамнўъгоњњо, дар сатњи олї ва бошукўњу шањомат таљлил кардани љашну идњои умумимиллї ва байналмилалии Наврўз ва дигар омилњо имкон фароњам меорад, ки ташрифи сайёњон ба хусус дар “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” ба Љумњурии Тољикистон бештар гардад. www.prezident.tj

Имрўзњо садњо љавонмардони баору номуси диёрамон тибќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва бањри таъмини иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода бо амри дил ба хизмати Ватан-Модар ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон сафарбар шуданд.

Рў ба рў бо мардум

Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

ри Хусрав Нуриддин Садриддинзода ва волидони сарбозон хизмати њарбиро мактаби љасорату мардонагї, ифтихор аз давлатдорї ва садоќату эњтиром ба Ватани мањбуби худ унвон карданд. Хотиррасон бояд кард, ки даъвати бањорї ба хизмати њарбї њамасола аз 1 апрел оѓоз ёфта, то 31 май идома меёбад.

АЗСАРГИРИИ ПАРВОЗЊО АЗ ФУРУДГОЊИ БОХТАР

Ќабули сайёри шањрвандон

анљом расонида, пас аз адои хизмат дар њама њолатњо омодаам, ки барои ин ватану миллат љони худро дареѓ надошта хизмат намоям. Аз љониби раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода ва комиссари њарбии вилоят Куганзода Њаким Самад ба наваскарон туњфањои хотиравї таќдим карда шуд. Чун анъана маросими “нонгазон” аз љониби модарон хеле њаяљонангез сурат гирифт. Онњо ба наваскарон кулчањои ширмоли бомењру муњаббати беандоза пухтаи хешро пешнињод намуда, чун анъанаи куњани аљдодї дуои нек доданд. Зеро пос доштани кулчаи дастпази модар њар як љавонро водор месозад, ки содиќона хизмати Ватан-модарро баљо ораду бо сари баланд ба хона баргардад. Дар ин баробар, гулдухтарони зебои атласу чаканпўш гулу рўймолчањои наќшин ба наваскарон таќдим намуданд. Аз чењрањои зебову нигоњи гарму ошиќонаи духтарон эњсос мешуд, ки ба ин љавонмардон боварии комил доранд. То даме ки ин гуна родмардон марзу буми мењани азизро њифз менамоянд, онњо бо хотири болида ба омўхтани илму њунар машѓул ва бозгашти онњоро бесаброна интизор хоњанд шуд. Дар охир барномаи консертии санъаткорони Раёсати фарњанги вилоят баргузор гардид. Дар анљоми маърака падарону модарон бо дуои нек фарзандони худро ба хизмати њарбї гусел намуданд.

Кишоварзон майдони гармхонањоро самаранок истифода намуда, то 30 март аз гармхонањои доимоамалкунандаи љумњурї ба миќдори 260,1 тонна помидор, 96,7 тонна бодиринг ва 190,5 тонна мањсулоти дигар сабзавот, љамъ 547,3 тонна мањсулот љамъоварї карда шуд. Њамзамон, то имрўз дар њудуди вилояти Хатлон 55 адад яхдону сардхонањо ва амборхонањо бо иќтидори 20982 тонна, аз љумла 33 адад сардхона бо иќтидори 16880 тонна ва 22 адад амборхона бо иќтидори 4102 тонна мављуд буда, дар онњо 4660 тонна сабзї ва дигар намуди мањсулот нигоњ дошта мешавад.

Тавре ба рўзномаи «Хатлон» аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия иттилоъ доданд, ба муносибати гусели аввалин гурўњи наваскарон 2 апрел дар маркази ноњия бо иштироки роњбарияти ноњия, масъулини комиссариати њарбї, волидони сарбозони оянда љамъомад ва барномаи фарњангї доир гардид. Раиси ноњияи Носи-

Даъвати бањорї-2018

-Ваќти он расидааст, ки фарзанди ман низ ќарзи фарзандии худро дар назди ватан адо кунад ва суботи Тољикистони азизро дар ќатори дигар љавонмардони шуљои ватан таъмин намояд.- иброз намуд модари наваскар Њанифа Саидмуродова. - Имрўз боиси ифтхор аст, ки ман ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон шомил гашта, ќарзи љавонмардиамро дар назди Ватан - модар адо хоњам кард, - зикр кард наваскар Кароматуло Мањмадаминов, аз ноњияи Ёвон. - Ман ваъда медињам, ки хизматро бо сари баланд ва интизоми намунавї ба

Мувофиќи маълумоти Вазорати кишоварзии Тољикистон, имсол дар љумњурї майдони умумии гармхонањо ба 76,9 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10,9 га зиёд мебошад.

Масъулини Комиссариати њарбии ноњияи Носири Хусрав дар рўзи аввали даъвати бањории љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи мамлакат нахустин шуда миёни 25 шањру ноњияњои вилояти Хатлон маъракаи даъватро анљом доданд.

оњуи холдор, муфлон ва дигар њайвонот зиндагї мекунанд ва шумораи мурѓи даштї ва дигар парандагону њайвонот низ рўй ба афзоиш овардааст. Тавре маълум гардид, дар мамнўъгоњи “Хуталон” ба ѓайр аз њайвоноти нодир парвариши парандањои нодир низ ба роњ монда мешавад. Соли 2017 мурѓи фазан, ё ин ки тазарв низ аз Чехия ба љумњурї оварда шуд ва аз рўи маълумоти мутахассисон баъди парвариш ва афзоиш танњо дар соли 2018 беш аз 1200 сар парандаи фазан дар мамнўъгоњњои ноњияи Данѓара барои афзоиш сар дода шуданд. Мурѓи тазарв низ аз шумули парандањои нодири табиати Тољикистон ба шумор меравад. Дар мамнўъгоњи “Хуталон” њамчунин 90 гектар боѓи мевадињандаи дарахтони себ, нок ва чормаѓз мављуд аст, ки бо таъсиси он дањњо нафар сокинони ноњияи Данѓара соњиби љойи кори доимї ва даромади хуби иќтисодї мегарданд. Баъди шиносоии пурра бо вазъи мамнўъгоњи “Хуталон” ва сар додани оњуњои холдор дар ин љо Сарвари давлат диќќати кормандони мамнўъгоњ ва роњбарияти ноњияро ба масъалаи вусъати парвариши парандањо, зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин оид ба љоннок намудани корњои ободонї, ба тартиб даровардани њудуди мамнўъгоњ, таъмини хўрок ба

ЉАВОНОН БО АМРИ ДИЛ БА АРТИШ МЕПАЙВАНДАНД

АФЗОИШИ ЗАХИРАИ МАЊСУЛОТ ДАР САРДХОНАЊО

ИЉРОИ МАЪРАКАИ ДАЪВАТ БА АСКАРЇ ДАР ЯК РЎЗ

1 апрели соли 2018 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо сафари корї ба ноњияи Данѓара ташриф оварда, дар Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Хуталон» бо вазъи ин мамнўъгоњ шинос шуданд. Рањмон ба хотири афзоиши саршумори он, инчунин тоза кардани насли ин њайвони нодир имрўз беш аз 70 сар оњуи холдорро, ки аз Федератсияи Россия ворид карда шуда, ба иќлиму табиати Тољикистон мутобиќ мебошанд, дар њудуди мамнўъгоњ сар доданд. Баъди эълон шудани “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” ва бењтар кардани вазъи фаъолияти мамнўъгоњњои кишвар таваљљуњи сайёњони хориљї, аз љумла шикорчиён ба имкониятњои рушди туризми байналмилалии Тољикистон бештар мегардад. Дар асоси дастуру супоришњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон оянда бо дарназардошти имкониятњои фаррох, боду њавои мусоид ва замини зархез барои парвариши њайвонњои нодир мувофиќ, дар њудуди ноњияи Данѓара боз ду мамнўъгоњ дар майдони 22 њазор гектар таъсис дода мешавад. Зимни шиносої бо вазъи мамнўъгоњи “Хуталон” дар посух ба таваљљуњи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон вобаста ба шароити мамнўъгоњ, иттилоъ дода шуд, ки барќарорсозии муњити экологї, набототу њайвонот ва парандагони он хуб ба роњ монда шудааст. Њоло дар ин мавзеъ гавазни бухорої,

и з Ў и р з Ў 7 р 7 Н О Л Т О А Л Х Т А Х

Чун анъана раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода бо фаъолону сокинони ноњияи Ќубодиён вохўрда, ба арзу матлаби онњо гўш дод. Раиси вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид дошт, ки тибќи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, бояд роњбарони вазорату кумита, раисони вилоятњо, шањру навоњї дар мањалњо бо зањматкашон вохўрда, бањри њалли масоили мављуда ва мушкилоти онњо расидагї намоянд. «Аз ин лињоз, мулоќоти имрўзаи мо низ ба он хотир аст, ки бањри њаллу фасли мушкилоти мављуда, суњбати рў ба рў дошта бошем», - ироа намуд раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода ва афзуд, ки тамоми ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, аз љумла санади таќдирсоз - Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бањри њимояву њифзи њуќуќњои шањрвандон равона гардидааст. Донистани ќонун имкон медињад, ки дар њама њолат шањрвандон аз њуќуќњои хеш дифоъ намоянд. Сипас, сокинони ноњияи Ќубодиён ба раиси вилоят арзи дил намуданд. Собиќадори мењнат, сокини Љамоати дењоти "Тахти сангин"-и дењаи Авесто Ќувват Додов љињати дастгирї барои оѓози корњои сохтмонии обанбори Кофарнињони Поён арзи матлаб намуд. Доир ба масъалаи мазкур њанўз дар даврони собиќ Иттињоди Шўравї, яъне соли 1970 лоиња пешнињод гардида буд, вале бо сабаби пош хўрдани Иттињоди Шўравї лоињаи мазкур амалї нагардид. Дар натиљаи бунёди обанбори мазкур дар њудуди ноњияњои Ќубодиён, Шањритўс ва Носири Хусрав беш аз 70 њазор гектар замин обёрї мешавад. Атрофи масъалаи мазкур роњбари вилоят андешањои хешро баён дошта, таъкид намуданд, ки масъалањое, ки дар атрофи ободонию бунёдкорї мављуданд, батадриљ роњи њалли хешро меёбанд. Хусрави Маљнун, сокини Љамоати дењоти “И. Ниёзов”, дењаи Мир Шикор оид ба дастгирї барои ба рўйхати хатсайрњои сайёњї дохил намудани мавзеъњои таърихию сайёњии “Тахти сангин”, “Кўли Рањматулло”, “Хољамашњад” ва “Чилучорчашма” арзи матлаб намуд. Роњбари вилоят изњор дошт, ки дарвоќеъ бо дастгирї ва

Масъулони фурудгоњи мазкур ба рўзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ки аллакай 1 ва 3 апрел парвозњо аз фурудгоњи Жуковскийи шањри Маскав ба фурудгоњи Бохтар ва њамин гуна аз маркази вилояти Хатлон ба самти Русия амалї карда шуд. Парвозњо байни пойтахти Россия ва шањри Бохтар аз тарафи

ширкати “Икар”-и Федератсияи Русия дар як њафта 4 маротиба ба назар гирифта шудаанд. Ба иттилои масъулони фурудгоњ, беш аз 100 кормандро, ки ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, аввали моњи март дубора ба кор даъват гардиданд. Фурудгоњи шањри Бохтар наздик ба 200 корманд дорад.

БАРРАСИИ ЌОНУНИ ПЕШГИРИИ ЗЎРОВАРЇ ДАР ОИЛА Дар шањри Кўлоб њамоиши омўзишї бо иштироки кормандони маќомотњои дахлдори давлатї ва љомеаи шањрвандї љињати шарњу тафсири Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила» ва «Барномаи давлатї оид ба пешгирии зўроварї дар оила барои солњои 2014-2023» барпо гардид. Аз шањрдории Кўлоб хабар доданд, ки дар ин семинари омўзишї мавзўъњои пешгирии зўроварї дар оила, сабабњо ва намудњои зўроварї, усулњои хизматрасонии байнисоњавї матрањ гардида, инчунин пурсишнома аз тарафи тренерон ба иштирокчиён дода шуд, ки маќсади саволнома муайянсозии фикру аќидањои иштирокчиён оид ба проблемаи зўроварї дар оила мебошад.

ТАЪСИСИ ШЎРОИ ДИССЕРТАТСИОНЇ ДАР ДДБ Бо ќарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон (КОА) дар Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шўрои диссертатсионї барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои математика, физика ва информатика таъсис ёфт. Аз маъмурияти ДДБ ба номи Носири Хусрав иттилоъ доданд, ки Шўрои диссертатсионии мазкур мутобиќи Ќонуни ЉТ «Дар бораи фаъолияти илмї ва сиёсати давлатї оид ба илму техника» ва ќарори Раёсати КОА аз 25

январи соли 2018, №1/1, таъсис дода шуда шудааст. Муњлати фаъолияти Шўрои диссертатсионї ду сол муќаррар карда шуд. То имрўз дар љумњурї ба 39 Шўро иљозати фаъолият дода шудааст.

БУНЁДИ 2400 ГЕКТАР БОЃ ДАР ЁВОН Дар ноњияи Ёвон дар доираи татбиќи Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї барои солњои 2016-2020 зиёда аз 2400 гектар боѓ бунёд ёфтааст. Ин хабарро масъулони дастгоњи раиси ноњия тасдиќ карда гуфтанд, ки дар Ёвон намудњои зиёди дарахтони мевадињанда, аз љумла себ, нок, олуча, зардолу, анор, чормаѓз, писта, бодом, тут парвариш карда шуда, боѓпарварон дар чанд соли охир ба бунёди боѓњои интенсивї рў оварданд. Содироти меваљот ба хориљи кишвар аз ин ноњия сол ба сол афзуда, њамасола ба Россия, Ўзбекистон ва Ќирѓизистон наздики 1300 тонна меваю ангур интиќол меёбад. иќдоми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2018 Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидааст. Њадафи Роњбари давлатамон аз ин иќдом эњёи њунарњои миллї, рушди сайёњї, бунёди коргоњњои хурди истењсоли мањсули њунарњои њунармандон, бунёди муассисањои маишиву хизматрасонї мебошад. Барои он ки садњо љойи нави корї пайдо гардаду дар ин замина касбу њунар ва шуѓлњои аљдодиамон аз нав эњё шавад, пеш аз њама ширкатњои сайёњї таъсис додан зарур аст, - ёдовар гардид Давлатшоњ Гулмањмадзода. Тошпўлод Розиев, сокини Љамоати дењоти “Заркамар” бобати дастгирї љињати ба имзо расидани парвандаи замин барои сохтмони муассисаи тањсилоти миёнаи умумї дар дењаи Учќунобод арзи дил намуд. Равшан гардид, ки ќарорњои раиси ноњия ва раиси вилоят ба тасвиб расида, парванда ба Кумитаи идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон фиристода шудааст. Дар ин дења беш аз 780 хољагї, 4019 нафар ањолї сукунат доранд ва беш аз 500 нафар хонандагон масофаи 3 - 5 км роњро тай намуда, ба мактаб мераванд. Атрофи масъалаи мазкур роњбари вилоят дастуру супоришњо доданд. Шодї Саймуродов, Мањмадисо Абдуллоев, Билол Сайњунов, Адолат Сайфуллоева, Нуриннисо Љабборова доир ба масъалањои таъмиру тармими осорхонаи таърихию кишваршиносї, мусоидат намудан љињати пахши мављи телевизиони Хатлон, таъминоти техни(Идома дар сањ. 2)

ИФТИТОЊИ КОРГОЊИ НАВИ ДЎЗАНДАГЇ Дар Љамоати шањраки «Муъминобод»-и ноњияи Муъминобод корхонаи дўзандагї сохта ба истифода дода шуд. Раиси ноњияи Муъминобод Тоњирхон Амиршозода зимни суханронї дар маросими ифтитоњи ин корхона гуфт, ки он бо ташаббуси соњибкори мањаллї Бароталї Шеров бунёд

гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар ин коргоњ зиёда аз 15 нафар љавонони њунарманд ба љойи кори доимї таъмин гардида, бањри рушд додани њунарњои мардумї сањм мегузоранд.

ЌУБОДИЁН. ТАЪМИНИ 16 КОРЉЎ БО КОРИ ДОИМЇ Дар ноњияи Ќубодиён ярмаркаи љойи холии корї баргузор гардид, ки дар он корфармоёни потенсиалї аз ташкилоту муассисањои ноњия 110 љойи холии кориро пешнињод намуданд. Аз шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњия иттилоъ доданд, ки дар ин ярмарка ба 16 нафари корљў барои кори доимї роњхат дода шуда, 37 нафар барои касбомўзї, аз љумла барои азхудкунии њунарњои мардумї - ќуроќдўзї, бофандагї ва дўхтани либосњои мактабиву миллї номнавис гардиданд. “Дар ярмаркаи мазкур инчунин намоиши њунарњои мардумї баргузор гардид, ки шогирдону њунаромўзони курсњои омўзишї мањсули кори худро манзур намуданд”, - зикр кард манбаи хабар.

АВВАЛИН ПИРЎЗИИ «ХАТЛОН»-И БОХТАР Тими «Хатлон»-и шањри Бохтар пирўзии аввалинашро дар мусобиќаи ќањрамонии имсолаи футболи Тољикистон миёни дастањои лигаи олї ба даст овард. Дар бозии даври севуми мусобиќаи лигаи олї рўзи 31-уми март дастаи «Хатлон» (собиќ «Вахш»-и Ќўрѓонтеппа), ки бозии хонагиашро муќобили «Панљшер»-и ноњияи Љалолиддини Балхї дар варзишгоњи марказии шањри Кўлоб доир намуд, бо њисоби 1:0 пирўз шуд. Голи ягонаро Наврўз Рустамов дар даќиќаи 65-ум ба њадаф расонд. Вилояти Хатлонро дар лигаи олї имсол њамин ду даста – «Хатлон» ва «Панљшер» намояндагї мекунанд. Баъди натиљагирии бозињои даври севуми чемпионат дар љадвал «Хуљанд» бо 7 имтиёз аз се бозї дар маќоми аввал, «Истиќлол» бо 6 имтиёз аз ду бозї дар маќоми дувум, «Кўктош» бо 5 имтиёз аз се бозї дар маќоми севум ва «Хатлон» бо 3 имтиёз аз се бозї дар маќоми чањорум ќарор гирифтаанд.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


2

ХАТЛОН

Рў ба рў бо мардум (Идома аз сањ. 1) ка, барои бењтар намудани њолати мелиоративии заминњо, бунёди китобхона, ошхона ва варзишгоњ дар мактаби №54 ва баррасии парвандањо дар идораи барќи ноњия мурољиат намуданд. Роњбари вилоят бањри њаллу фасли масъалањои љойдошта ба намояндагони соњањои марбута дастуру супоришњо доданд. Сипас, роњбари вилоят аз масъулини соњањои иќтисодиёту иљтимоиёт пурсиш ба амал оварда, бањри рафъи камбудињои љойдошта дар ин соњањо масъулинро муваззаф намуданд. Раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода њамчунин доир ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи самтњои сиёсати дохиливу хориљии Љумњурии Тољикистон” андеша ронда, таъкид дошт, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии хеш ба Маљлиси Олї аз вазъи сиёсии љањон оѓоз намуд. Ин бесабаб нест. Падидањои номатлуб имрўз дар гўшаву канори олам ба чашм мерасад, ки њазорњо нафар љавононро ба љодаи пурхатар гурўњњои террористиву экстремистї шомил намуда, дар гўшаву канори олам нооромиву низоъ ва вањшатафканї намуда, садњо нафарро куштаву њазорњо манзилу шањрњои ободро валангор намуданд. Аз ин лињоз Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки кишвари Тољикистон бо

маќсади вокуниши сариваќтї ба тањдиду хатарњои љањонї дар раванди ташаккули иќтидори муносиби дохилї ва хориљї тадбирњои муассир меандешанд. Тавре ки раиси вилоят ироа

дошт, дар Паёми Роњбари давлат бобати ин масъалаи доѓи рўз махсус таъкид шудааст. Бо маќсади таъмини амнияти устувор љињати пешгирї аз хатарњои афзояндаи терроризму ифротгарої ва дигар тањдидњои замони муосир Њукумати Тољикистон њамкорињои густурдаро бо созмонњои байналмилаливу минтаќавї ва кишварњои шариф таќвият мебахшанд. Њамчунин, роњбари вилоят доир ба иќдомњои неку инсондўстонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои мил-

лат сухан ронда, таъкид намуд, ки дар айёми таљлили љашни Наврўзи байналмилалї ва Рўзи љањонии об22 март дар маљмааи Созмони Милали Муттањид ташаббуси нави глобалии Президенти мо Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба кори хеш оѓоз бахшид, ки ин боиси иф-

тихори њар як фарди ватандўст мебошад. Роњбари вилоят доир ба дигар самтњои Паёми Президенти мамлакат соњањои маориф, тандурустї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї, рушди саноат, энергетика таъкид ба миён овард. Бањри дар амал татбиќ гардидани дастуру супоришњои Роњбари давлат дар Паёми навбатиаш ба Маљлиси Олї ба сокинони ноњияи Ќубодиён супоришњои мушаххас дод.

Д. Гулмањмадзода:

«Иќдоми созандаи соњибкорони ватанї шоистаи тањсин аст» пахта дар хориљи кишвар пурра коркард мегардад. Агар њар нафаре, ки ватани худро дўст медорад, бо иќдомњои некаш метавонад бањри рушду нумўи ватан сањмгузорї намояд. Мисли ин љавонмардон бањри бунёди корхонањо, истењсоли мањсулоти ватанї, таъсиси љойњои нави корї сањми арзандаи хешро гузоранд. Раиси вилоят зимни суханронї таъкид дошт, ки баробари ба истифода додани корхонаи мазкур садњо нафар соњиби љойи кор мегардад. Аз ин лињоз, омода намудани кадрњои баландихтисосу кордон аз њисоби бонувону духтарони мањаллї дар хориљи кишвар зарур аст. Тавре ки равшан гардид, шарики сохтмони Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди корхонаи “Рушди Хатлон” ширкати туркии “Алдўст” ба шумор меравад. Намояндаи ширкати мазкур Икром Талња зимни суханронї дар љамъомад таъкид дошт, ки корњои сохтмонї дар се марњала сурат мегирад, арзиши корњои сохтмонии марњалаи якум 45 милли-

Ободониву бунёдкорї мероси ниёгони мо ба имрўзиён аст. Дар фасли бањори гулбасар оѓози эњёи табиат дар сар то сари ватани азизамон корњои ободонї ва бунёдкорї сурат мегирад. Дар ноњияи Љалолиддини Балхї низ бо иќдоми љавонмардонаи соњибкори ватанї Муњаммадшариф Саъдуллозода бунёди боз як корхонаи коркарди мањсулоти ватанї дар назар аст. Дар вазъияти тантанавї раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода санги асосро барои бунёди Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди корхонаи ресандагии “Рушди Хатлон” гузошт. Тавре ки равшан гардид, иќтидори истењсоли солонаи корхона 7200 тонна ришта буда, барои сад нафар дар ду баст љойи корї муњайё мегардад. Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни суханронї дар маросими тантанавї таъкид дошт, ки ин иќдоми неки соњибкорони ватанї лоиќи тањсин аст. Аз Паёми Роњбари давлат ба Маљиси Олї бармеояд, ки истифодаи лоињањои сармоягузорї барои бунёди корхонањои пуриќтидор ва истифодаи ашёи хоми мањаллї имкон фароњам меоварад, ки риштаи саноат рушд ёбаду иќтисодиёт баланд гардад. Давлатшоњ Гулмањмадзода ёдовар гардид, ки имрўз ашёи хушсифати ватанї, яъне

он сомонї мебошад. Баъди мавриди амал истифода ёфтани корхонаи истењсоли се-чор навъи риштањои ранга аз пахта дар назар аст. Иќтидори шабонарўзии корхона бист тонна ришта мебошад. Мањсулоти корхона ба кишварњои Итолиё, Туркиё ва давлати Чин содирот мегардад. Ба ќавли масъулини корхона сифати мањсулот хеле баланд буда, корхона дар љањон нодиртарин ба шумор меравад. ВАХШОНА, «Хатлон»

ЊАДАФ - РАФЪИ МУШКИЛОТ ВА РУШДИ МАЊАЛ

Дар бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон семинар – машварати сайёр оид ба корњои фањмондадињї, омўзишї ва пешнињоди тавсияњо љињати ба роњ мондани мавзўи «Шакли намунавии њисоботи љамъбастї вобаста ба рушди иљтимоиву иќтисодии вилоятњо ва шањру ноњияњои вилояти Хатлон барои давраи њисоботи семоња, шашмоња, нуњмоња ва солона» баргузор гардид. Дар кори маљлис намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Кумитаи рушди мањалли назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Вазорати рушди иќтисод ва савдо, Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон, муовини раиси вилоят, намояндагони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњои вилояти Хатлон иштирок доштанд. Маљлисро Раљабалї Раљабов, муовини раиси вилояти Хатлон ифтитоњ бахшида, оид ба натиљањои

фаъолияти маќомоти мањаллї маълумоти мухтасар дод. - Рушди мањал барои њар як кишвар ин нишондињанда ва мизони самаранокї ва рушди умумимиллї ба шумор меравад. Минтаќањои рушдкарда барои њар як давлат яке аз омилњои заминавї барои рушди устувори минбаъдаи иќтисодию иљтимої ва фарњангї ба њисоб мераванд, - зикр кард Раљабалї Раљабов. -Њадафи асосии фаъолияти Кумитаи рушди мањалли назди Президенти Љумњурии Тољикистон пеш аз њама такмилу таљдиди сохтори мањаллї ва роњандозии њукумати электронї ба шумор меравад, - афзуд Ќосим Роњбар, раиси Кумитаи рушди мањалли назди Президенти Љумњурии Тољикистон. Ќосим Роњбар иброз дошт, ки Кумитаи рушди мањал љињати баланд бардоштани механизми идоракунии мањаллї, таъмини ањолї бо хизматрасонињои босифати давлатї, мониторинги самарано-

кии татбиќи барномањои рушди иљтимоиву иќтисодии вилоятњо ва шањру ноњияњо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи худидоракунии шањрак ва дењот» пешнињодњо омода кард. Дар ин раванд маќомоти мањаллии идоракунии давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот наќши махсусан муњимро мебозанд. Њамчунин, Даврон Валиев, муовини сардори Раёсати банаќшагирї ва арзёбии барномањои рушди мањал, тавсияњо оид ба истифодаи мавзўи «Шакли намунавии њисоботи љамъбастї вобаста ба рушди иљтимоию иќтисодии вилоятњо ва шањру ноњияњои вилояти Хатлон, барои давраи њисоботи семоња, шашмоња, нуњмоња ва солона»-ро пешнињод намуд. - Кумита маќоми иљроияи марказии њокимияти давлатї буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди мањал, њамоњангсозии масъалањои рушди иќтисодию иљтимоии мањал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатњо миёни маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањраку дењот, инчунин њамоњангсозии тадбирњо оид ба тањия ва татбиќи лоињањои маљмўии рушди иљтимоиву иќтисодии воњидњои марзиву маъмуриро татбиќ менамояд», -афзуд Даврон Валиев. Дар охир иштирокчиёни семинар - машварати сайёр ба суолњои худ посухњои мушаххас гирифтанд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

панљшанбе, 5 апрели соли 2018, №13 (3150)

А. ИСМОИЛЗОДА: «МАЪРИФАТ ВА САТЊИ ДОНИШИ ЊУЌУЌИИ СОКИНОНРО БАЛАНД БАРДОРЕМ» Дар толори маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар Шўрои мутобиќсозию методї оид ба тарбияи њуќуќии шањрвандон бо иштироки раиси шањр Абдуалим Исмоилзода баргузор гардид. Дар кори љаласа њамчунин аъзои Шўро, муовинони раиси шањр, мудирони шуъба ва бахшњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр, роњбарони идораву корхонањои давлативу ѓайридавлатї, хољагињои дењќонї, директорони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, мудирони боѓчањои кўдакона, раисони кумитањои мањаллањо, судяњо ва имомхатибони шањр, намояндагони ВАО њузур доштанд. Кори љаласаро раиси Шўрои болозикр Абдуалим Исмоилзода оѓоз бахшида, вобаста ба маќсади баргузории он табодули афкор кард. Сипас аъзоён дар бораи

вазифаву уњдадорињои котиб ва аъзои Шўро маълумот доданд. Њамзамон, дар бораи фаъолияти корї, иљроиши ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон, иљрои дастуру супоришњои раиси Шўро, мушкилињои љойдошта дар кори љаласа ибрози андеша карданд. Дар фарљом раиси Шўрои мазкур перомуни фаъолияти кори бархе аз адвокатњои шањрро эрод гирифта, ќайд намуд, ки аз надонистан ё паст будани маърифат ва дониши њуќуќии шањрвандон сўйистифода накунанд. Зеро бисёр ваќт онњо дидаю дониста ба шањрвандон ваъдањои зиёди дастнорас медињанд ва изофа намуд: -Кўшиш накунед, ки мактубњои иѓвоангезро аз номи шањрвандон ба маќомоти болої нависед,-гуфт А. Исмоилзода. -Мактуб бояд дар шакле омода гардад, ки ба манфиати шањрванд бошад, аммо ба из-

зати нафси касе нарасида, беѓараз ба сохтори марбута пешнињод шавад. Бояд гуфт, ки маќсад аз ташкил ва баргузории Шўрои мазкур

ин пеш аз њама баланд бардоштани сатњи маърифатнокї ва дониши њуќуќии сокинони шањр мебошад. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»

Дар партави Паём

РОЊНАМО БА СЎЙИ ФАРДО Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон инъикосгари воќеии пешрафту шукуфоии Тољикистон ва барномаи мукаммали идомаи корњои созандагиву бунёдкорї љињати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад. Тавассути Паём Сарвари давлат аз мењнати ањлона ва дастовардњои мардуми шарифи кишвар давоми солњои охир ёдовар шуда, роњњои тањкими минбаъдаи рушди устувори сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангии мамлакатро муайян намуданд. Дар ибтидо Пешвои миллат аз хавфу хатар ва печидагињои љањони муосир ёдрас шуда, иброз доштанд: «…дар љањон раванди бартариљўї, мусаллањшавии бошитоб, пайдоиши нишонањои марњалаи нави «љанги сард» боиси нигаронї гардидааст». Новобаста аз ин, тавре дар Паём зикр гардид, «Љумњурии Тољикистон бо вуљуди таѓйирёбии вазъи сиёсиву иќтисодї ва амниятии љањон дар роњи пешрафти бемайлони иќтисодї, расидан ба њадафњои стратегї ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи ањолї бо ќадамњои устувор пеш меравад». Сарвари давлат њамкории бештару густурдаро бо љомеаи љањон ва минтаќа, сохторњои байналмилалї ва минтаќавї, њамзамон ба роњ мондани њамкории фарогирро дар муќобили нобасомонињои хатарзои љомеаи љањони муосир афзалтар арзёбї намуда, зикр сохтанд, ки «сиёсати «дарњои кушода» чун мењвари аслии муносибатњои мо бо љањони муосир воќеї, дуруст ва судовар будани худро нишон дод». Њамин аст, ки Тољикистон миёни кишварњои љањон њамчун ташаббускори љањонии њалли масоили глобалї дар соњаи об эътироф гардида, ташаббуси навбатии он дар мавриди эълон доштани Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз љониби љомеаи љањонї бо дарки баланди масъулиятшиносї нисбат ба таќдири имрўзу ояндаи сокинони сайёра пазируфта гардид. Муњтавои Паёми навбатии Пешвои миллат бар он аст, ки наќшаю барномањои давлатии роњандозигардида самари нек ва боварибахш дода, иљрои онњо бо кўшишњои пайгирона ва њамешагии мардуми зањматпешаамон асосан таъмин шуда истодаанд. Тавре аз Паёми Пешвои миллат бармеояд: «Соли љорї нишондињандањои макроиќтисодии кишвар дар сатњи устувор нигоњ дошта шуда,

суръати рушди воќеии иќтисодиёт ба 7 фоиз ва њаљми маљмўи мањсулоти дохилї ба 60 миллиард сомонї баробар гардид. Тибќи дурнамо дар се соли минбаъда њаљми маљмўи мањсулоти дохилї зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонї расонида мешавад». Хусусан нишондињандањои макроиќтисодии соли 2017 нисбат ба соли 2016 дар муќоиса бо нишондињандањои пешбинишуда 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии ањолї 10 фоиз афзоиш ёфтааст. Натиљаи кўшишу зањматњои Њукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон аст, ки сол ба сол болоравии бемайлони иќтисодї таъмин гардида, ба ин восита сатњу сифати зиндагии сокинони мамлакат бамаротиб бењтар мешавад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки «бо дарназардошти рушди иќтисодиёти мамлакат ва имкониятњои имрўзаи молиявї аз 1 сентябри соли 2018 музди мењнати кормандони соњањои буљетї зиёд карда мешавад». Ин ѓамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба халќу миллати хеш буда, зарур аст, ки сокинони мамлакат пайи амалї сохтани наќшаву стратегия ва барномањои давлатии ќабулгардида, ки маќсади асосии онњо ба тањкими фазои суботу амният, пешбурди иќтисодиёти миллї, бунёди љойњои нави корї ва таъмини зиндагии шоиста равона гардидааст, пайваста талош варзанд. Љињати таќвияти минбаъдаи раванди рушди иќтисодии мамлакат Президенти Тољикистон дар Паёми хеш ба масъалаи фароњам овардани фазои мусоид ва љорї намудани усулњои њавасмандгардонии фаъолияти соњибкориву сармоягузорї таваљљуњи хосса зоњир намуданд. Ин иќдом идомаи мантиќии чорањои марбут ба њавасмандгардонии соњибкорї, ки ќаблан аз љониби Сарвари давлат љорї гардида буд, мебошад. Мањз њамин иќдоми пайгирона шароитеро фароњам месозад, ки соњибкорони кишвар бо дилу дидаи гарм ва мењнати содиќона дар тањкими инфрасохтор, бунёди корхонањои нави истењсолї бо ташкили љойњои нави корї дар раванди аз кишвари аграрї ба кишвари саноатїаграрї табдил додани ватани азизамон њиссаи арзишманд гузоранд. Масъалаи истифодаи маќсадноки захирањои неруи барќ дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид гардид. Талошњои пайвастаи Њукумати љумњурї дар мавриди таъмини эњтиёљоти мамлакат нисбат ба неруи барќ натиљањои назаррас ба бор оварданд. Имрўз тамоми корхонаву

ташкилотњо, соњањои иљтимоиву иќтисодї ва сокинони мамлакат дар тамоми фаслњои сол бо неруи барќи арзонтарин таъмин мебошанд. Бо бунёди неругоњњои хурду бузурги барќи обї мамлакати моро дар арсаи байналмилалї њамчун кишвари татбиќкунандаи «иќтисодиёти сабз» мешиносанд ва арљ мегузоранд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бояд аз неруи барќ оќилона, боинсофона ва бидуни талафот истифода намуда, маърифати баланди истифодаи оќилонаи неруи барќро дар андешаву шуури мардум љой намудан зарур аст. Бо дарназардошти иќтидорњои беназири Тољикистон љињати рушди соњаи сайёњї Сарвари давлат дар њар як Паёми хеш ба он диќќати алоњида равона мекунанд. Дар Паёми имсола ба масъалаи рушди соњаи сайёњї дар мамлакат, бунёди шароити созгор барои пешрафту инкишофи соња, истифодаи маќсадноку оќилонаи сарватњои сайёњии мамлакат, тањкими инфрасохтори соњаи сайёњї ва баланд бардоштани сифати хизматрасонї аз њарваќта бештар таваљљуњ зохир шуд. Сарвари давлат аз таљрибаи кишварњои пешрафтаи љањон дар соњаи сайёњї ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Тољикистони бињиштосои мо бо захирањои нодиру нотакрори сайёњиаш дар радифи кишварњои пешрафта бояд ќарор дошта бошад. То њол ин захирањо ба манфиати пешрафти иќтисодиёти миллї ба таври бояду шояд истифода нагардидаанд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «сайёњї яке аз соњањои муњими бо шуѓл фаро гирифтани ањолии ќобили мењнат, баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум, рушди дигар соњањои хизматрасониву истењсолї, инчунин муаррифи таъриху фарњанг, табиат ва анъанањои миллї ба њисоб меравад». Бо дарки муњимияти наќши соњаи сайёњї дар мамлакат њамчун манбаи иловагии даромад ба буљаи давлат, имконияти мусоиди бунёди љойњои корї, омили баланд бардоштани сатњу сифати зиндагонии мардум, муаррифии шоистаи имкониятњои сайёњии мамлакат ва фарњанги миллї дар арсаи байналмилалї, инчунин љалби сармоя ба инфрасохтори сайёњї Пешвои миллат пешнињод намуданд, ки соли 2018 дар Тољикистон Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон карда шавад. Таљрибаи солњои ќаблї нишон медињад, ки Паёмњои Сарвари давлат инъикосгари дастовардњои соњањои мухталифи хољагии халќи мамлакат буда, роњро ба сўи ояндаи боз њам шукуфонтару дурахшонтар равшан месозад. Диловар Сулаймонзода, ноњияи А. Љомї

ЉАВОНОН АЗ ЊУНАРЊОИ МИЛЛИИ ХЕШ БОХАБАР МЕШАВАНД Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї ба эњё ва рушдёбии њунарњои мардумї низ заминаи хуб хоњад гузошт. Дар даврони солњои соњибистиќлолии кишвар миёни мардуми фарњангдўсти миллати тољик њунарњои мардумї аз ќабили чакандўзию гулдўзї, кулолгарї, чўбтарошию бофандагї ва заргарї барин њунарњои миллї рў ба инкишоф нињодааст. Эњё намудани њунарњои мардумї ва ба насли љавон омўзондани њунарњои миллии аљдодии хеш яке аз роњњои њифз ва арљгузорї ба таъриху фарњанги гузаштаи худ мебошад. Табиист, ки яке аз рисолати калонсолону гузаштагони мо ин омўзондану ба мерос мондани њунарњои аљдодии гузаштагони худ ба насли наврасу љавонони кишвар мебошад. Ин рисолат низ бо иќдоми навбатї ва ташаббуси созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, муњтарам

Эмомалї Рањмон бо эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар кишвар амалї гардид. Иќдоми мазкур соњибњунаронро водор месозад, ки насли наврасу љавони кишварро њарчи бештар ба омўзиш ва аз худ намудани њунарњои миллии аљдодии худ љалб намояд ва дар ин раванд насли љавонони кишварро

мебояд њарчи бештар ба омўзиш ва аз бар намудани њунарњои мардумї, њифзи фарњанги миллии гузаштаи худ ањамияти љиддї дода, ба онњо њамчун мероси гаронмоя арљгузорї намоянд. Инчунин бо маќсади њавасмандгардонии ањолї ва ривољу равнаќ додани истењсоли молњои ниёзи мардум ва рушди њунарњои

мардумї Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маљлиси Олии кишвар иброз дошт, ки аз 1 январи соли 2018 фурўши чунин молу мавод аз пардохти њамаи намудњои андоз озод карда шавад. Иќдомњои ѓамхорона ва дастгирињои пайвастаи давлату Њукумати кишвар бахусус Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати соњибњунарону њунармандон боиси он гардид, ки дар кишварамон њунарњои мардумї рушд ёбад ва мароќи бештари ањолии мањалли кишвар ба ин навъи фаъолият таваљљуњ ва љалб карда шаванд. Моро месазад, ки бештар имкониятњои сайёњї, њунарњои мардумї ва мавзеъњои таърихию фарњангии хешро ба љањониён муаррифї намуда, барои рушди бемайлони соњаи сайёњии кишварамон сањмгузор бошем. Эмомалї НАБИЕВ, омўзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

15 ЉИНОЯТИ АВБОШЇ БО ИСТИФОДА АЗ СИЛОЊ Дар толори Прокуратураи вилояти Хатлон маљлиси њайати мушовараи прокуратураи вилоят баргузор гардид. Дар ин њайат оид ба таљрибаи тафтишотию судии парвандањои љиноятњои авбошї ва ѓоратгарї дар њудуди вилояти Хатлон мавриди тањлил ва љамъбаст ќарор ёфт. Ба ќавли сардори шуъбаи назорати иљрои ќонунњо дар маќомоти корњои дохилї ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи вилояти Хатлон О. Шањидуллозода, дар соли 2017-ум дар вилоят 291 љиноят - марбут ба авбошї ва 30 љинояти ѓоратгарї ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта љиноятњои авбошї 45 ва љинояти ѓоратгарї 9 адад зиёд мебошад. - Дар ин давра 15 њолати содиршавии љиноятї авбошї бо истифода аз силоњ ва ё ашёи ба сифати силоњ истифодашаванда, аз љумла дар шањру ноњияњои Бохтар 5, Кўлоб 6, Љайњун,

Н. Хусрав, Ёвон, Восеъ 1- тогї ба ќайд гирифта шудааст, - гуфт О. Шањидуллозода. – Инчунин, содир гардидани љиноятњои ѓоратгарї 21 парвандаи љиноятї нисбати 31 нафар бо тасдиќи фикри айбдоркунї барои баррасї намудан ба судњо ирсол гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми соли 2017 ошкоршавии љиноятњои авбошї 97% ва љиноятњои ѓоратгарї 96% -ро ташкил медињад. “Ба љинояти авбошї даст задани ноболиѓон дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон ташвишовар буда, бештар сокинони шањри Бохтар, Кўлоб ва ноњияњои Њамадонї, Дўстї, Шањритўс, Ш. Шоњин, Љ. Балхї, Љайњун, Панљ, Ёвон ва Темурмалик ба ќайд гирифта шудааст. Дар баробари ин, 7 љинояти ѓоратгарї аз тарафи ноболиѓон дар шањри Кўлоб, ноњияњои Ёвон ва Фархор ба ќайд гирифта шудааст. Тањлилњо нишон дод, ки љиноятњои авбошї асосан дар роњравњои биноњо, њавлињо, кўча ва назди

муассисањои таълимї содир гардидаанд”, - афзуд О. Шањидуллозода. Бино ба иттилои Насрулло Мањмудзода, прокурори вилояти Хатлон ба њолати 1-уми январи соли 2018 дар њудуди вилояти Хатлон 11 нафар айбдоршавандагон бо моддаи 237 –и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ва 5 нафар бо моддаи 248-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон дар кофтуков ќарор доранд. Дар ин њайати мушовара иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи судњои шањру ноњияњои вилояти Хатлон дар соли 2017-ум 190 парванда нисбати 293 нафар марбут ба авбошї баррасї карда шуда, аз шумораи умумии парвандањои баррасишуда ба 174 парвандаи љиноятї нисбати 275 нафар њукм бароварда шудааст. Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”


Нигоњи дигар Яке аз пояњои иќтисод ин хариду фурўш аст, ки имкони пахш ва таќсими моли худ ва бањрамандї аз молњои дигаронро падид меоварад. Ва ин ниёзи зарурии љомеа барои ба даст овардани таъмини маоши зиндагиашон мебошад. Аз назари Ислом талош барои касби даромад ва таъмини маош на танњо нописанд нест, балки амали пурарзиш шуморида шуда ва ибодати илоњї ба њисоб меояд. Зеро таѓзияи машрўъ ва њалол ва парњез аз наљосат ва олудагињо барои покии нафс ва тањзиби ахлоќ муњим ва зарурї ба њисоб меояд. Бар њамин асос, Худованди муттаол дастур ба хўрдан аз моли поку њалолро барои башарият таъкид намудааст. Достони омўзанда: Дар ривояте омадааст, ки рўзе Паёмбари Акрам(с) бо асњоби худ дар маконе нишаста буданд. Љавони ќавї ва боќудрат аз аввали субњ дар он макон ба кору талош барои ба даст овардани рўзии њалол машѓул буд. Асњоб ваќте он љавонро бо он авсоф дар њоли кор кардан диданд, гуфтанд: “Вой бар њоли ў, эй кош љавонї ва ќудраташро дар роњи Худованд ба кор мегирифт”. Паёмбари Акрам(с) хитоб ба асњоб фар-

дар њаќиќат, тољирон воситаи файзи Илоњї ба бандагони Худованд њастанд. Бояд таваљљуњ кард, касоне ба ин шуѓл сарукор доранд фаромўш накунанд, ки ин касби паёмбар аст, бояд ба ин касб эњтиром гузошт ва нашавад, ки мардум ба ин шуѓли паёмбар бо назари нафрат назар кунанд. Тољиронро беимон ва берањм гўянд. Офати тиљорат: 1. Парњез аз савганд ба рост хўрдан. Яъне, тољир бояд ќасам нахўрад, њарчанд рост бошад. Савганди рост хўрдан дар њар коре, аз љумла дар тиљорат макруњ аст ва инсон набояд барои њар чизе ќасам бихўрад. Дар ривоят омадааст: “Касе, ки ба њангоми хариду фурўш њамеша ќасам мехўрад, Худованд дар ќиёмат ба ў бо назари рањмат нигоњ намекунад. Дар њадиси дигаре омадааст, ки Расули Худо мефармояд: “Дар тиљорат ќасам нахўред, њарчанд ки молатонро ба фурўш мерасонед, баракаташро аз байн мебаред”. 2. Парњез аз савганди дурўѓ. Шариати ислом савганди баростро макруњ гуфтааст ва маълум аст, ки ќасами бардурўѓ чї гуноњи бузурге мебошад. Дар як ривоят омадааст, ки Расули Худо мефармояд: “Ќасами бардурўѓ нахўред. Тољире, ки ќасами дурўѓ мехўрад,

одоби Тиљорат орад баракат муданд: “Ин гуна нагўед, зеро агар ў кўшиш мекунад, ки худашро аз гадої њифз кунад ва аз мардум бениёз намояд, дар њаќиќат, ў дар роњи Худованд талош кардааст. Талоши ў ба хотири таъмини зиндагии падару модари нотавон ё фарзандони заифи худ бошад, кори ў дар роњи Худо мањсуб мешавад. Он гуна ки аз Паёмбари Акрам(с) наќл шуда фармуданд: ”Њар кас дар дунё дунболи рўзии њалол бошад, то бо он аз гадої дар амон бошад ва хонаводаи худро дар осоишу оромиш ќарор дињад ва ба њамсоягон некї кунад, рўзи ќиёмат дар њоле ки чун моњи шаби чањордањ медурахшад, Худовандро мулоќот хоњад кард". Одоби тиљорат: Бо ин баён ба суроѓи одоби тиљорат аз дидгоњи Ислом мепардозем: Аз он љо ки дини Ислом комилтарин дин, шариати Муњаммадї љомеътарин шариат мебошад, аз мусалмонон таќозо мекунад, ки бояд тамоми рафтору кирдорашон тибќи дастуроти Худо ва Расули Худо (с) ва мазњаби њазрати Имоми Аъзам анљом бигирад, ибодат ва њамаи муомилоти дунявї чи тиљорат, чи иљора низ њатман бояд тибќи гуфтањои Худованд ва Расулаш иљро шавад. Аммо мутаассифона, имрўз баъзењо дар масъалаи муомилот хусусан тиљорат аз сабаби надонистани ќоидањои тиљорат ба гуфтањои Худованд ва Расулаш амал намекунанд. Дар натиља ба хатогињо роњ медињанд. Хариду фурўш кори нињоят муњими њаётии њар љомеае аст. Аз назари Ислом огоњї аз дониши касбу кор, махсусан хариду фурўш вољиб аст, зеро чунон ки аз оятњои Ќуръонї ба даст меояд, яке аз иллатњои хашми Худованд ба ќавми њазрати Шуайб(а) камфурўшї ва надонистани ањкоми хариду фурўш ва муомилот будааст. Бинобар ин, зарурат дорад нахуст њамаи тољирон масоили шаръии муомила ва касбу кори тиљоратро биёмўзанд, сипас вориди кор шаванд, чун надонистани одоб ва ањкоми тиљорат сабаби фуру рафтан дар доми рибо ва њаромхўрї ва сабаби аз байн рафтани баракат аз мол мешавад. Тољирон сабабгори фаровонии дастурхон, файзу баракати бозорњо мебошанд. Мањз онњо њастанд, ки њар рўз аз роњњои дуру наздик молњои ниёзи мардумро ба мардум мерасонанд, агарчанде ки онњо барои фоидаи шахсии худ ин корњоро анљом дињанд, вале

фољир аст ва њар фољирро љояш љањаннам мебошад”. Худованд дар сураи Оли Имрон дар ояти 77 мефармояд: “Њар ки њаќќи мусалмонеро бо ќасам хўрдан ба дасташ бигирад, ононро дар охират бањрае нест ва Худованд дар рўзи ќиёмат бо онњо сухан нагўяд ва ба сўяшон нанигарад ва покашон нагардонад ва онњоро азоби дарднок аст. 3. Парњез аз рибо хўрдан. Хариду фурўш љоиз аст, ваќто ки тибќи ќонуни шариат бошад, агар мувофиќ бо шариати ислом набошад, инсонро ба рибохўрї мебарад. Дар аввал фикр мекунанд, ки бо рибохўрї молаш зиёд мешавад, аммо дар охири кор зиён, офат ва бадбахтї насиби рибохўр мегардад. Таърих гувоњ аст, касоне буданд, ки соњиби мол, хонањои пурњашамат, мошинњои ќиматбањо гаштаанд, аммо дар охир бадбахтї, паси панљара, беморињои табобатнашаванда, худкушї ва шармандагї насибашон шудааст. Зеро онњо тољирони рибохўре будаанд. Ибни Масъуд ривоят мекунад, ки Паёмбари Ислом ба рибохўр ва рибодињанда лаънат фиристодааст (Сањењ Муслим). 4. Пинњон намудани айби коло. Чизеро, ки тољирон ба он ањамият дињанд, ин пинњон накардани айби молашон аст. Яъне, тољирон бояд айби молашонро ба харидорон бигўянд, харидоронро фиреб надињанд. Дидаву дониста моли вайроншударо ба савдо гузоштан ин зидди меъёрњои шариати ислом аст. Рўзе Расули Худо аз назди гандумфурўше гузашт ва дасти мубораки худро дохили гандум кард. Аз байни он як мушт гандум гирифт. Расули Худо дид, ки њамааш вайрон шудааст (мутаассифона, баъзе гандумфурўшон ин амалро анљом медињанд, поёни халтаро бо

гандуми бесифат болои онро бошад, бо гандуми босифат пур мекунанд). Расули Худо ба он марди тољир гуфт.-Ин чист? Тољир гуфт: Ё Расулаллоњ, ба ин оби борон осеб расонидааст. Расули Худо гуфт: Пас чаро онро дар боло намегузорї? То мардум бибинанд? Ва фармуд:- Њар ки хиёнат кунад ва мардумро фиреб дињад уммати ман нест! 5. Парњез аз ќиматфурўшї. Яке аз одоби хариду фурўш риояти инсоф аст. Яъне дар хариду фурўш бояд одилона рафтор шавад. Ба ин маъно, ки њарду тараф, яъне фурўшанда ва харанда аз муомила суд баранд ва ин гуна набошад, ки фоидаи яке бештар аз дигари бошад ва калимаи инсоф аз нисф гирифта шудааст. Пас бењтар аст, ки хариду фурўш ба сурате бошад, ки њар ду нисф-нисф аз он суд баранд. Расули Худо(с) дар як њадиси худ баён мекунад: “Тољири ростгўву амонатдор ва худотарсу боинсоф дар рўзи ќиёмат бо паёмбарону сиддиќин ва шуњадо машњур мешавад. (Сунани Тирмизї). Аммо, мутаассифона, имрўз бо тољироне вомехўрем, ки ба молњои худ нархњоеро мегузоранд, ки њатто аз тавлидкунандаи молњо фоидаи зиёде ба даст меоваранд. Њамасола пеш аз иди саиди Фитр ва иди саиди Ќурбон шоњиди ин њол њастем, ки чї ќадар дар бозорњои кишварамон нархи мањсулоти ниёзи мардум боло меравад. Лекин тааљљубовар ин аст, ки баъди ду рўзи ин ду иди саид нархњо боз поён мераванд, чаро? Оё ин адолат аст, оё ин инсоф аст? Берањмї кардан, беинсофї намудан нисбати њамватанони худ, њаммазњабњои худ хеле љои таассуф аст. Дар яке аз ривоятњо аз Расули Худо(с) омадааст, ки њар ки молњои мавриди ниёзи мардумро барои ќимат шудан нигоњ медорад, малъун аст ва аз рањмати Худо дур мебошад. Берањмї кардан нисбати мардуми Худо бад аст. Расули Худо(с) мефармояд: “Њар ки ба мардуми Худо рањм надорад, Худованд ба ў рањм намекунад. 6. Камфурўшї. Яке аз беморињое, ки дар тўли таърих домангири бозор буда, мавзўи камфурўшї аст. Худованд дар сураи Мутафифин ояти якум то панљум мефармояд: “Вой бар камфурўшон, касоне, ки чун аз мардум барои худ бихаранд, яъне дар тарозу бикашанд бо тамом бигиранд ва чун ба дигарон паймона дињанд ва ё вазн кунанду кам медињанд. Оё онон фикр намекунанд, ки барангехта мешаванд барои рўзи бузург, рўзе, ки мардум дар пешгоњи Парвардигори љањониён биистанд. Дар ривояте чунин омадааст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Ду хислат дар умматњои пешин буда, ки онњоро ба њалокат кашонидааст ва он ду дар ин уммат низ њаст”. Пурсида шуд, ки он ду хислат кадом аст, фармуд: “Камфурўшї ва хиёнат, ин дутост, ки умматро њалок мекунад. Хулоса. Аз назари Ислом талош дар роњи касби рўзї ва тањсили даромад барои таъмини маоши худ ва хонавода ва мушорикат дар умури хайрия бисёр арзанда ва писандидааст. Аммо, бояд эњтиётро аз даст надод, зеро бозор ва њар маконе, ки дар он хариду фурўш сурат мегирад, љои љавлонгоњи шайтон аст. Шайтон инсонро зуд васваса мекунад, то ки касеро фиреб дињад. Дар њадисе омадааст, ки шайтон аввалин касе аст, ки вориди бозор мешавад ва охирин касе аст, ки аз бозор хориљ мегардад. Њадафаш фиреб додан ва васваса кардан аст, то як тољир аз тарозу бизанад, ба дурўѓ ќасам бихўрад, аз метри матоъ кам кунад ва бояд аз ин васвасањои шайтон ба Худованд паноњ бибарем. С. АСОМУДДИНОВ, сокини ноњияи Данѓара

Фарзандони барўманди Тољикистон

Родмарде АЗ ЁВА Дар бойгонии давлатии вилояти Хатлон њуљљату парвандањои зиёде мањфузанд, ки аз корнамоии падару бобоён ва њаёти рангини мењтарони водии заррини Вахш гувоњї медињанд. Ба таъриху тамаддуни ин водии тиллої таваљљуњи хоса дорам. Њуљљатњоро вараќгардон намуда, бараъло мебинам, ки нахустфотењон дар ободу азхудкунии ин водии дар гузашта туѓайзору даштњои сўзон пањлу ба пањлу истода, дашти ноободро обод намуда, ба водии тиллої табдил додаанд. Дар мактаби дўстию мардонагии падару бобоён бисёр ќањрамонњо ба камол расида, дар мењнат обутоб ёфтаанд. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки аз њаёти яке аз мењтарони Вахшзонзамин, дорандаи ордени Ленин, Устоди пахтаи Тољикистон, Ќањрамони мењнати собиќ Иттињоди Шўравї Ќурбонмурод Холов ќисса намоем. Давраи кўдакии Ќурбонмурод Холов дар дењаи Ёваи собиќ ноњияи Ѓозималик (њозира Хуросон) гузаштааст. Ваќте ки хабари азхудкунии водии Вахш ба мардуми ин кўњистон расид, оилаи онњо якљоя бо хешу аќрабо ба ин водї кўч бастанд. Акнун Ќурбонмуроди љавон миёнро мањкам басту бо панљ бародаронаш-Ашўрќул, Чорибой, Одинамањмад, Шомањмад ва Гулмањмад бањри обод кардани мавзеи асрњо ташналаби мавзеи Ќизил-Ќалъа аз субњ то шом зањмат мекашиданд. Зањмати ин мардони майдон барабас нарафт, чун ки дар як муддати кўтоњ ба баландии ќариб 4000 метр аз сатњи Вахш об бароварда шуд. Боз як кори хайри ин марди майдон ин буд, ки аз тарафи чапи дарёи Вахш бо роњбарии собиќ директори совхоз-техникуми ба номи Куйбишев Юрий Димитро-

вич Воронин (њозира хољагии ба номи Ф. Саидов) оби софи ошомиданиро љорї намуданд. Ќобили зикр аст, ки Ќурбонмурод Холов аз соли 1952 то соли 1983 ба њайси мудири шуъбаи 5-уми совхоз-техникум ифои вазифа намуда, заминњои кишти ин хољагиро аз 60 гектар то ба 1000 гектар замини обї расонида, њосили баланди рекордии «тиллои сафед» рўёнида

3

ХАТЛОН

панљшанбе, 5 апрели соли 2018, №13 (3150)

шуд. Ў њамчун устоди пахта яке аз аввалинњо шуда дар ин мавзеъ пахтаи навъи дарознах (мисрї)-ро кишт намуда, њосилнокиро то 50- сентнерї расониданд. Албатта зањматњои дењќони асилу абармарди Вахшонзамин Ќ. Холов аз љониби Њукумати Љумњурї ва Иттињоди Шўравї ќадршиносї гардидаанд. Соли 1980 бо пешнињоди котиби якуми њамонваќтаи Њизби коммунисти вилояти Ќўрѓонтеппа Ѓ. Паллаев ва директори хољагии номбурда Азиз Холов бо Фармони Котиби Генералии Кумитаи Њизби коммунисти Иттињоди Шўравї Л. И. Брежнев бо унвони «Ќањрамони мењнати сотсиалистї» сарфароз гардонида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ў соњиби 3 ордени Ленин ва 4 медали тиллоии ВДНХ Намоишгоњи комёбињои халќии Иттињоди Шўравї гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки ин марди хоксору фурўтан дар давраи фаъолияти мењнатии 60-солааш садњо мардони майдонро тарбия намуда, ба воя расонида буд, ки

дар ободонии ин диёр сањм гузоштаанд. Инњо Сафар СолиевЌањрамони мењнат, ки њоло давлати пирї меронад, Нормурод Хидиров-дорандаи се ордени Ленин, Файзалї Ѓаниев ва Ашўрќул Холов, Мањмадрасул Зарипов, Њоким Ѓаффорбеков, ки њоло дар ќайди њаёт нестанд, аз ќабили дастпарварони мактаби дењќонии Ќурбонмурод Холов мебошанд. Дењќони асил Ќурбонмурод Холов њоло дар ќайди њаёт нест. Ў 2 июни соли 2004 аз њаёт даргузашт... Кори неку номи неки ќањрамони мењнат ва мардони нексиришт љовидонианд. То имрўз њамдењагонаш ёди неки ин марди асилро мекунанд. Ў дар давоми умри бобаракати хеш ба фарзандону наберагонаш неъмати аз њама бузург -некию накукорї кардан ба мардум ва хизмати содиќона намудан ба халќу ватани бињиштосояшро мерос гузошт. Месазад, ки бањри абадигардонии номи Ќањрамони диёри Ѓозималик (њозира ноњияи Хуросон) дењаи Ќизил-Ќалъа ё мањаллаю яке аз муассисањои таълимии он ба номи Ќурбонмурод Холов номгузорї карда шавад. Зиндаю љовид монд, њар кї накуном зист, К-аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро. М. Муродов, ноњияи Хуросон

Ба ифтихори 85-солагии азхудкунии водии вахш

Устод Лоњутї дар Вахшонзамин

Абулќосим Лоњутї соли 1925 аз шањри Маскав, ки он солњо маркази Иттињоди Шўравї буд, ба Тољикистон меояд. Ў дар ёддоштњояш зикр карда буд, ки њанўз дар ватанаш-Эрон дар айёми љавониаш бори аввал калимаи “тољик”-ро аз як шеъри Саъдї хонда будааст: Шояд, ки ба подшоњ бигўянд, Турки ту бирехт хуни тољик. Шоир ќайд мекунад, ки маънии вожаи “тољик”-ро нафањмида ба луѓатномањо мурољиат намудааст. Дар як луѓатномаи туркї мехонад, ки тољик номи ќабилаест, як замон вуљуд доштааст ва он ба маънои форс њам омадааст. Соли 1923 соли аввали ба Маскав омадани Лоњутї. Боре телефони хабараш медињанд, ки ўро раиси кумитаи инќилобї ва саркотиби бюрои ташкилии њизби коммунис-тии Тољикистон дидан мехоњад. Баъди ин Лоњутї ба хотир оварданї мешавад, ки исми “тољик”-ро ў бист сол ќабл аз ин дар кишвараш аз як байти Саъдї хонда будааст. Маълум шуд, ќавме, ки “як замон вуљуд дошт”... халќе шудааст, барои инкишофи иќтисодї, сиёсї ва мадании худ асос ва имконияти том дорад. Устод Лоњутї хурсандиашро баъди нахустин бор ба Тољикистон омаданаш, дар як порчаи шеърї ин тавр ифода намудааст: Фахр дорам, ки тўдаи тољик, Мешуморад маро рафиќу шарик. К-аз нахустин ќадам, ки ў озод, Дар рањи зиндагии нав бинњод. То ба ин дам, ки шуд ќарин ба камол, Њамрањаш будаам ба њар ањвол. Шоири шањир Лоњутї кишвари моро ватани дуюми хеш хонда аз зиндагї кардан дар ин љо ифтихормандї намудааст: Эй умеди дили рамидаи ман, Ќуввати дасту нури дидаи ман. Ватани кору хонаи ишќам, Табъи шеъру таронаи ишќам. Ваќте ки шоир ба Тољикистон меояд, ўро ба вазифањои масъули давлатию њизбї пешбарї менамоянд. Абулќосим Лоњутї бо њамроњии поягузори адабиёти Шўравии тољик устод Садриддин Айнї барои рушду нумўи адабиёт зањматњои бесобиќа кашидааст. Устод Лоњутї ба адабиёти мо на њамчун адиби љавон, балки яке аз ќаламкашони муќтадири донандаи адабиёти классики форсу тољик дохил шуда буд. Вай чун адиб дар бунёди сохтмонњои азими замони Шўравї бевосита ширкат варзида, байни мардуми зањматкаш бо шеърњои даъваткунандаву

рўњбахши хеш баромад менамуд: Пањлавони тољикон, Ифтихори ин даврон. Бар камар зада домон, Сўйи корзор омад... Дар солњои сиюми садаи гузашта водии Вахш низ ба рўйхати яке аз иншооти бузургтарини сохтмони сотсиалистї дар Тољикистон шомил шуда буд. Табиист, ки аз тамоми гўшаву канори Иттињоди Шўравї барои ободї ва ширкат дар сохтмони ин водї халќу миллатњои гуногун ба кор омада, дар пањлуи мардуми тољик зањмат мекашиданд. Устод Абулќосим Лоњутї бевосита чунин ободкории мардуми шўравиро аз наздик дида, ба ваљд меомад ва њиссиёти хешро дар либоси назм ба тасвир медод: Шумо њамчунин унсури зањматед, Ба дарёи синфї дурри зањматед. Бикўшед то наќша иљро шавад, В-аз ин роњ хизмат ба дунё шавад... Он солњо шоири љавон ва умедбахши тољик Мирсаид Миршакар дар сохтмони водии Вахш кор карда, вохўриашро бо устод Лоњутї чунин ќаламдод намудааст: “Дар сохтмони Вахш кор мекардам. Рўзе ман ва муњаррири рўзномаи “Ударник Вахшстрой” Леховичро ба комитети партиявии сохтмон даъват карданд. Фањмонданд, ки баъд аз ду рўз ба сохтмон шоири инќилобии Шарќ Лоњутї меояд. Омода шавед”(Аз маќолаи “Бузургии шоир”, иќтибос аз китоби “Ёдбуди устод Лоњутї”, Д. “Адиб”, соли 1987, сањифаи 29). Сипас, барои амалї намудани ин супориш тамоми кормандони рўзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” (он бо забонњои тољикї ва русї нашрмешуд) тайёрї медиданд. Мирсаид Миршакар ба таври таъљилї яке шеърашро, ки ба фаъолияти устод Лоњутї бахшида буд, эљод мекунад. Шеъри ба Лоњутї бахшидаи Мирсаид Миршакарро Дорошов ном корманди идораи рўзнома ба забони русї тарљума карда, дар рўзномаи “Ударник Вахшстрой” нашр мекунад... Рўзи баргузории вохўрї сохтмончиён устод Лоњутиро самимї ва гарму љўшон истиќбол мегиранд. Шоир дар якчанд мавзеи сохтмон баромад карда, бо забонњои тољикї, русї ва ўзбекї нуќт эрод мекунад ва аз ашъораш шеърњо ќироат менамояд. Шоир Мирсаид Миршакар дар хотирањояш ќайд мекунад, ки устод Лоњутї ўро дар сохтмон дида мешиносад ва аз ин иќдоми пешгирифта, ки дар байни коргарон фаъолият дорад, адибро самимона тањсин мехонад. Баъди хотимаи вохўрї Мирсаид Миршакар шеъри ба устод Лоњутї эљодкардаашро ба шоир нишон медињад. Шоир аввал М. Миршакарро таъриф карда, сипас огоњ мекунад, ки дар ашъораш мењнати бунёдкоронаи коргарон, дўстии байни миллатњоро тараннум намояд. Њидоятњои устод Лоњутї боис мегарданд, ки шоир М. Миршакар достони нахустини худ “Ливои зафар”-ро, ки таљассумгари дўстї ва бародарии халќњои шўравї мањсуб меёфт, эљод намояд. Шоир М. Миршакар дар як ќисмати достон чунин ишора дорад: Ба ранљбарњо њамин иттифоќ, чи тољик, чи ўзбек, чи русу ќазоќ.

Агар кори якто чу зўрї кунад, Дињандаш варо дањ баробар мадад... Солњои сиюми садаи пешин кўшиши содабаёнї дар назму наср, бахусус назм, яке аз талаботи замон ба њисоб мерафт. Бояд сиёсати давлати шўравї ба њамаи табаќањои мардум фањмову дастрас бошад. Устод Лоњутї љавобан ба он талабот саъй менамуд, ки ашъораш ба фањмиши мардум наздик бошанд ва зуд њадафрас гарданд. Дар ин бора устод Мирзо Турсунзода нисбати шеърњои Лоњутї чунин андешаронї намудааст: “Лоњутї, ваќте ки дар васфи Тољикистон шеър мегуфт, кўшиш мекард, ки шеъри ў ба забони зиндаи халќ ќаринї дошта бошад. Њар як сатри ў њамчун шеъри фолклорї садо медињад. Аз ин сабаб бисёр шеърњои устод ба хазинаи фолклори тољик дохил шудаанд” (аз маќолаи “Сарояндаи револютсия”, сањифаи 20, “Ёдбуди устод Лоњутї”, Д. “Адиб” соли 1987). Устод Лоњутї боре дар яке аз сафарњояш дар водии Вахш мушоњида мекунад, ки чї тавр як тан дењќони одї бехавфу њарос говашро гирифта аз рўйи пули навбунёди Вахш ботамкин мегузаронад... Ана њамин манзара боиси эљод намудани шеъри “Пули Вахш” мегардад: Канї, канї ассалом, Обаки сарди вањшї. Як гап ба ту мегўям, Бояд маро бубахшї. Ёдат меёд, ки порсол, Гови маро рабудї. Аз ѓами гов то имсол, Хоби маро рабудї. Болшевикон омаданд, Њалќа ба гўшат заданд. З-оњангу соруљу санг, Юѓе ба дўшат заданд. Мо ташаккули шахсияти тољикони солњои бисту сї ва чилу панљоњи асри гузаштаро бе шеъри олиљанобу рўњбахши устод Лоњутї тасаввур карда наметавонем. Нуфузи шеъри Лоњутї, сухани ў каломи асили эљодкоре буд, ки шахсияти барљастаи адибро пурра мукаммал ва таъсирбахштар ифода карда метавонист. “Рўњи Лоњутї дар шеъри имрўзаи тољик зинда аст, ќайд мекунад олими намоёни соњаи илми адабиётшиносї, академик Муњаммадљон Шакурї ва боз илова намудааст,- мењри Лоњутї дар дили мардуми тољик љовидона макон дорад. Ў њамеша бо мост ва ба сўйи ояндаи дурахшон равон аст”. Устод Лоњутї тарбиятгари як зумра адибони тољик аз шумули М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Рањимзода, Њ. Юсуфї, А. Дењотї ва дигарон мебошад. Ў дар таърихи адабиёти шўравии тољик дар пањлуи шоирону адибни шинохта С. Айнї, М. Турсунзода, М. Миршакар, С. Улуѓзода, Љ. Икромї, Р. Љалил, Ф. Ниёзї ва дигарон маќому манзалати бузургу сазоворро соњиб аст. Устод Лоњутї дар як шеъраш ќайд мекунад: Ќабр аз барои ман чї зарур аст, чун бувад, Дар ќалби поки фаълќаву дењќон макони ман. Њотам Њољї, омўзгори собиќадори ноњияи Кўшониён

МАНФИАТЊОИ ПАРДАПЎШИ ДУШМАНОНИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ Дар оѓози садаи нав љомеаи башарї дар баробари мушкилоти зиёди молиявию иќтисодї ва экологиву табиї бо хатарњои љиддї, аз љумла торафт доман пањн кардану шиддат гирифтани ифротгароиву терроризм ва љиноятњои муташаккили фаромиллї рў ба рў гардидааст. Њамарўза тариќи васоити ахбори омма хабар доред, ки солњои охир дар аксари мавридњо љомеаи кишварњои исломиро сабабгори бисёр мушкилоту тањдидњои зикршуда медонанд. Њамзамон бо ин, дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои љањон рисолати ходимони дин аз он иборат аст, ки бо такя ба суннатњои аљдодии миллї ва таълимоти дини мубини Ислом ањли љомеаро ба вањдату њамдигарфањмии њифзи амнияту суботи љомеа ва созандагиву бунёдкорї њидоят намуда, дар амалї гардидани њадафњои бузурги давлати соњибистиќлоламон, рушди устувори иќтисодиву иљтимоии он ва ободиву пешрафти ватани мањбубамон сањми шањрвандии худро гузошта, нисбат ба оромиву суботи љомеа ва рушди давлату миллат бетараф набошем. Бори дигар, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маљлиси Олї ироа гардид, аз фаъолон ва мардуми шарифи Тољикистон даъват ба амал оварда, чунин ибрози андеша намудаанд: - Терроризм ва экстремизм аз як љониб чун вабои аср хатари глобалии љиддї буда, аз љониби дигар, амали он гувоњ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазњаб надорад, балки як тањдиде ба љомеаи љањонї ва љони њар як сокини сайёра аст. Имрўз баъзе аз давлатњои аљнабии идеология ва амалњои разилонаи зишту аз ахлоќи инсонї бегона будани ташкилотњои террористии байналмилалиро дастгирї ва пуштибонї намуда, онњоро њамчун «олот» дар ниќоби дини поку беолоиши Ислом истифода намуда, барои ноил шудан ба манфиатњои геополитикии худ љавонони мусулмонтаборро, ки аз фарњангу маданияти исломї бехабаранд, ба доми худ фурў мебаранд. Дар натиља љавонон бо дасти худ мардуми мусалмонро ба ќатл расонида, манфиатњои пардапўшонаи душманони дини мубини Исломро њимоят менамоянд. Аз ин лињоз, дар ин лањзањои таќдирсози таърихї танњо матонату мардонагї, ватандўстиву мењанпарастї, эњтирому эътимод ба фарњанги миллї, тамаддуни созандаи исломї ва арзишњои умумии эътирофшудаи башарї метавонанд кишвари азизамон - Тољикистонро аз ин разилони замон эмин дорад.

Маќсади банда он аст, ки ба љавонон каме бошад њам њадафњои нопоки татбиќи ифродї ва љангљўй афкори «салафї - вањњобї» мањз ба њамин маќсади нопок равона мебошад, расонам. Дар Тољикистони соњибистиќлол зиёда аз 90 фисад шањрвандон дар мазњаби суннии Њанафия ќарор дошта, танњо 5 фисади онњо шиамазњаб мебошанд. Ворид гардидани идеологияи «салафия - вањњобия» дар њаёти динї- маънавии мардуми тољик аз мудохилаи афкори экстремистии ташкилотњои иртиљоии байналмилалї шањодат дода, афкорї онњо ба муќобили мазњаби Њанафия ва хусусан мазњаби шиа равона гардида, бе асосњои илмии динї ва ахлоќї мардуме, ки ба онњо њаммаслак нестанд «кофир» ва «мушрик» эътироф карда мешавад. Дар њаќиќат тадќиќоти илмї ва таљрибаи амалї нишон медињад, ки љавонони имрўза моили равияи иртиљоии «салафия» гардидаанд ва аз мазмуну муњтавои дини мубини Ислом, хусусан мазњаби оламшумури «њанафия» фарсахњо дур буда, танњо дар асоси эњсосоти рўякии динї мехоњанд њаёти љомеаро ба роњи «дуруст» њидоят созад. Тањлилњо нишон медињанд, ки 85 фисади онњо, умуман, аз фарњанги исломї бехабар буда, ба мафњуми њаќиќии «љињод» сарфањм нарафта, аќидањои рўякї ва тањрифшудаи «воизони чалласаводи худ» сармашќи кори худ ќарор доданд. Пас, савол ба миён меояд, ки љињод чист? Дар асл љињод тибќи истилоњи луѓавї ин љидду љањд, саъю кўшиш аст. Талаби илм љињод аст, эњтироми волидайн љињод аст, њимояи марзу буми ватан љињод аст, кори неке, ки ба нафъи мардум бошад, љињод аст! Борњо шоњиди он гаштаем, ки масљидњои ањли тасаннун ва ташайюъ аз љониби якдигар тарконида мешаванд. Оё њамин аст љињод? Яке бо лафзи «Аллоњу акбар» худро дар байни масљид метарконад, дигаре бо лафзи «Аллоњу акбар» ба саљда меравад. Њоло он ки ба ќатл расонидани шахсе дар дини Ислом сахт мањкум карда шуда, тибќи таълимоти Ќуръони карим «ќотил лоиќи љањаннам аст». Дар охир, аз љавонону наврасон, ањли љамоатчигї даъват ба амал меорам, ки њарчи бештар мафњуми сулњу субот, вањдати миллї, истиќлолияти давлатиро ба ќишри љомеасози давлату миллат талќин намуда, бањри гул-гулшукуфии Тољикистони азиз сањмгузор бошем. Љамолиддин ФАЙЗАЛЇ, шањри Кўлоб


4

ХАТЛОН

Терроризм. Тадбирњо ва роњњои пешгирї аз он

Идораи рўзномаи «Хатлон» тасмим гирифтааст, ки тањти рубрикаи нави «Њунарњои мардумї» дар бораи касбу њунарњои анъанавии тољикон ба хонандаи худ маълумот дињад. Тавре ки маълум аст, тољикон дорои таъриху фарњанги ќадимї ва пурѓановат буда, бо њунармандиву гулдастиашон машњури олам гаштаанд.

Омилњои ба вуљуд омадани терроризм зиёд аст. Омили асоситарини онњо худбохтагии шахс дар муќобили афкор ва таълимоти бегонагон ва дигарї аз даст додани истиќлолияти фикрї аст. Агар дар инсон ин ду омил ба вуљуд омад, яъне инсон ин ду омилро дар худ пайдо кард, ў дар њаќиќат, дар бунбасти фикрї ќарор мегирад. Имрўз, агар дар кишвари мо љавоне дар чунин њолат-њолати буњрони фикрї гирифтор шуд, ў бояд чї кор кунад? Агар масъала масъалаи иќтисодї, иљтимої, илмї бошад, бояд ба донишмандони ин соња мурољиат намояд. Шукри Худованд, мо имрўз дар кишварамон устодон ва олимони хубе дорем, ки метавонанд ба ин масъалањо изњори назар намуда, мушкилоти љавононро њал кунанд ва инчунин метавонанд инсонро аз ин њолати буњронї берун кашанд. Агар мушкилоти љавонон мушкилоти динї бошад, имрўз мо дар кишварамон

ЗАРГАРЇ-ЊУНАРИ МИЛЛИИ ТОЉИКОН Заргарї яке аз намунањои ќадимии њунарњои миллии тољикон мањсуб гардида, имрўз гарданбанду мањсулоти мунаќќаши заргарии аз тиллову нуќра омода сохтани заргарони номии Тољикистон дар фурўшгоњу намоишгоњњои номии љањон ба маъразу фурўш гузошта шудаанд. Аввалин намунањои маснуоти заргарї ба давраи асри биринљї тааллуќ доранд. Тавре ки таърихнигорон нигоштаанд, маснуоти заргарї дар он замонњо њамчун ашёи дорои ќувваи сењромез вазифаи њифзкунандаро иљро мекарданд ва аз ќуввањои бадї нигањ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринљї рамзњои љирмњои осмонї, тасвирњои њайвонот ва инсонњо тасвир ёфтаанд, ки мазмунњои асотирї ва эътиќодї доштанд. Ба санъати заргарии давраи тоисломї оро додани маснуоти заргарї бо тасвири њайвонот, одамон ва љонварони тахайюлї хос буд. Дар давраи исломї тарзи ороиши маснуоти заргарї рушд ёфта, заргарон ва ороишгарон бештар аз наќшњои исломї – гулу растанї, шаклњои њандасї ва матнњои хатти арабї истифода мекунанд. Дар заргарї амалњои рехтагарї, кандакорї, њаккокї, заробї, сайќалдињї, њаллољї ва ѓайра истифода мешаванд. Заргарон дар истењсоли маснуоти бадеї (зару зевар, асбобу ашёи рўзгор, либосу аслињаи љангї) аз фулузот: тилло, нуќра, мис, биринљї, оњан ва ѓайра; аз сангњои гаронбањову ранга: лаъл, ёќут, фирўза, зумуррад, лољувард, кањрабо, булури кўњї, љамаст,

яшм, аќиќ ва монанди инњо; аз маводи табиї: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд. Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гўшвор, зеби гардан, болои абрў (ќоши тилло), каљак, бозубанд, дастпона, њайкал, тўмор ва амсоли инњо аз љумлаи зеварњои маъмулии занњои тољик мебошанд.

мерасониданд. Аниќтараш, умри 54-солаи ў бо умри шуѓлаш баробар аст. Тухми гулњои парваридаи ў бештар аз кишварњои Русия ва Ўзбекистон дастрас мешаванд. Абдуѓаффор Машрабов борњо дар намоиши гулњо ширкат варзидааст ва гулњои парваридааш дар хиёбону маљмааи Вањдат ва дигар гулгаштњои шањри Бохтар ба њусни шањр зебої зам менамояд. Имсол ў тасмим гирифт, ки дар арафаи љашни Наврўзи Аљам зиёда аз њазор гули ороиширо барои зеббахшї дар роњрави мањаллаи Њољї Шариф ба намоиш гузорад. Дар оилаи Абдуѓаффор Машрабов аллакай насли сеюми гулпарварон ба ин шуѓл шурўъ кардааст. Ин шуѓл аз љониби падари ў аз соли 1957 оѓоз ёфтааст. Фарзанди ў низ ба мисли бобою падар

шавќи гулпарвариро дорад. Дар њамсоягии акаи Абдуѓаффор бародараш низ ба гулпарварї машѓул аст. Ба ќавли акаи Абдуѓаффор, бо бародар њамшуѓл будан хуб аст, зеро дар њолати ба миљозон гули хостаашонро дода натавонистан зуд бародар хоњиши онњоро бароварда месозад. «Бо ин роњ њам мо хурсанд мешавем ва њам мизољонамон», - мегўяд Абдуѓаффор. Даромади оилаи онњо аз њисоби гулњои парваридаашон мебошад. Дар баробари гулпарварї Абдуѓаффор ба парвариши ќулфинай низ машѓул аст. Хуллас, истифодаи самарабахшу оќилонаи замин инсонро метавонад соњибному соњибмаќом гардонад ва зиндагиашро осудаву аз њама лињоз таъмин созад. Њангомаи Исмат, «Хатлон»

Вањдат бењтарин неъмати њаёти инсон, орзуву армон, тањкими давлат, наљоти миллат, рушду нумў ва њастии инсон дар њар давру замон аст. Вањдат ва сулњи умумибашарии Тољикистон мавќеву маќоми онро дар бисёр мамлакатњои бурунмарзї, дар миќёси љањон овозадор намуд. Тољикистонро имрўз мамолики дунё чун давлати ягона, соњибистиќлол, дорои фарњанги ќадиму воло мешиносанд. Боиси ифтихор аст, ки имрўз иттифоќ ва њамдилии халќи тољик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттањид ва бисёр ташкилотњои олам гардидааст. Мо хуб эњсос менамоем, ки љанги тањмилии шањрвандии дар асри гузашта сарзада, бо чї натиљањо ба анљом расид. Кї аз он зарар дид, барои кї манфиатовар буд, мардум инро хуб дарк намуданд. Ин њодисањои нангин

дар таърихи Тољикистон абадї сабт гардиданд. Модарон дигар намехоњанд бардавом ашк бирезанд, фарзанде аз даст дињанд. Имрўз Тољикистон ќадамњои устувори худро барои њамкорињои тарафайн пурќувват карда истодааст. Њељ як тањдид, ба монанди бадкорињову бадандешињои анљумане бо ном «Озодандешон» ва “Гурўњ”-и 24 –и дар давлатњои хориљ, наметавонанд обрўву нуфузи Тољикистонро дар арсаи байналхалќї паст намоянд. Ин њама созмонњо душмани миллатанд. Њамаи он баёнияњои анљумани бо ном «Озодандешон» беасос буда, маромашон ба хоини миллату давлат табдил додани љавонони кишвар ва бадном намудани Њукумати љумњурї дар арсаи байналхалќї мебошад. Тољикистон худ маќсади бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва љомеаи тараќќикардаи шањрвандиро дорад, тамоми фаъ-

«ЊОСИЛОТ» ВА «РАВШАН» ба дастгирї ниёз доранд! Мактаби футболи вилояти Хатлон яке аз пурќувваттарин мактаби футбол дар кишвар мањсуб меёфт. Зеро мактаби хуби тарбияи футболбозони моњир буд, ки дањњо парвардаи ин мактаб дар тимњои ќавии дохилу хориљи мамлакат карйераашонро идома дода, то ба сатњи бозигари тими мунтахаби Тољикистон расидаанд. Дастпарварони ин мактаби варзишї дар замони собиќ Иттињоди Шўравї ва замони истиќлолии мамлакат шуњрати бесобиќа доштанду имрўз њам доранд. Мутаассифона тайи солњои охир мушкилињои молиявї, надоштани сарпарарасти асосї, коргузории нодурусти дастањои футбол ва менељменти замонавї ва дањњо мушкилињои дигаре аст, ки ин мактаби бузурги футболи љануби кишварро фаро гирифтааст. Коршиносон бар он назаранд, ки гунањкори асосї пул-молиёт мебошад, ки дастањои футбол бояд роњи ба даст овардани маблаѓро пайдо кунанд. Њатто, ин буњрони иќтисодї дастањои «Њосилот»-и ноњияи Фархор ва «Равшан»-и шањри Кўлоб, ки яке дастањои соњибном ва «бренд»-и њаќиќии футболи Хатлонзаминанд, пахш намудааст. Ин мушкилї метавонад хатари љиддї дошта бошад, барои рушди футбол дар минтаќаи љануби кишвар. Пас, чаро масъулин дар ин бора боре њам фикр намекунанд?

- Дастаи «Њосилот» дар њолати ногувори молиявї ќарор дорад, - зикр кард дар суњбат бо мо сардори даста Мањмад Њакимов.«Дастаи номдоре, ки дар чемпионати Осиё ва Лигаи олии кишвар њунарнамої мекард, имрўз бозї намудан дар лигаи якум барояш мушкил аст. Барои иштирок наму-

дани даста дар лигаи якум 500-600 њазор сомонї лозим аст. Агар ин маблаѓро пайдо карда натавонем, тимро дар лигаи якум боќї монданаш зери суол аст. Роњбарони даста бар он назаранд, ки дар сурати ёфтани сарпараст ва кумаки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Фархор метавонанд тимро дубора эњё намоянд, агар на, даста пош мехўрад. Хайр «Њосилот»! Хуршед Глонов, сармураббии дастаи «Њосилот», бо изњори таассуф мегўяд, ки айни њол тими «Њосилот» майдони варзишї надорад. «Дар майдоне, ки мо тамрин мекунем, ба талаботи варзишгоњи касбї љавобгў нест. Њолатњое њам мешавад, ки њангоми машќу тамрин ва ё мусобиќа ваќти тўбро сахт задан он ба њавлии мардуми дар атрофи варзишгоњбуда меравад ё дар сим зада мекафад. Дар њоле ки барои мо имрўз харидории як тўб мушкил аст», -афзуд Х. Глонов. -Ваќте ки дар варзишгоњ даромада тамрин мекардем, посбони варзишгоњ омада моро пеш кард, - мегўяд сармураббии даста. – Дарвозаи он доимо мањкам аст ва мо имкони ворид шудан надорем. Беиљозат ба варзишгоњ ворид шуда наметавонем. Дар ин бора директори марказии варзишгоњи ноњияи Фархор дар суњбат бо мо гуфт, ки барои тамрин намудан ва гузаронидани бозињо барои даста иљозат аст,

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

Саидмутањњар Асомуддинов, сархатиби ноњияи Данѓара

олияти Њукумати љумњурї ба он равона гардидааст, то тамоми кўшишу ѓайрати худро аввалан барои баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум, таъмини зиндагии осоиштаи ањолї ва баъдан, баланд бардоштани обрўву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалї равона карда, дар ин самт барномањои дурнамо тањия ва амалї гардонида шавад. Љумњурии Тољикистон имрўз ба ќатори кишварњои рў ба тараќќї дохил шудааст. Њамин оромию озодии кишвар як бойигарии нотакрор аст, ки бо љањду талоши зиёди шабонарўзии Пешвои тољикон, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст омадааст. Мо-љавонон, набояд зиракии сиёсиро аз даст дињем ва фирефтаи њар гуна созмонњо шавем. Ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии ќавї дорад. Маќсаду

вале то моњи март дар варзишгоњ таъмир рафта истодааст. Аз њамин хотир, тамрин намудан дар варзишгоњ манъ аст. Новобаста аз мушкилии љойдошта тими футболи «Њосилот» бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Фархор дар мусобиќоти Љоми ФФТ2018 иштирок намуда, дар даври нимнињої маѓлуб гашт. Дар ин бора Р. Бобохонзода, муовини раиси ноњия, ба рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки аз тарафи ноњия ба дастаи «Њосилот» 2500 сомонї барои иштирок дар мусобиќоти Љоми ФФТ кумак расонида шуд. Айни замон, аз њисоби маблаѓњои буљетї барои нигоњдории даста дар буљети соли 2018 маблаѓ пешбинї нагардидааст. Ба ќавли манбаъ, танњо аъзоњаќќї аз ноњия дастгирї карда шуд, боќимонда маблаѓро сарпараст ёфтем, яъне хона ба хона маблаѓ љамъ намудем. Њатто аз надоштани маблаѓ њайати тим омода буд, ки дар бозї бо дастаи «Равшан» маѓлуб шавад, то ба ноњияи Данѓара нараванд. Зеро барои сафар намудани даста ба ноњияи Данѓара 500 сомонї зарур буду пайдо намудани маблаѓ мушкил. Айни њол аз надоштани шароити хуби молиявї даста дар њолати парокандагї ќарор дорад, ки њайати он аз сардори даста, сармураббї, духтур ва 12 бозин-

мароми мо боз њам густариш додани сарљамъї, тифоќї, хушбахтї, хандаи тифлон, сархушии њамагон мебошад. Њаргиз намегузорем, ки бадкирдорон ва хоинони ватан ба мисли чунин анљуманњо ва ин зумра гурўњњои душмани халќ аз боби «адолату њаќиќате, ки вуљуд надорад» аќида баён намуда, мардумро, махсусан љавононро гумроњ созанд. Ба гуфтањои ин хоинони ватан бовар накарда, вокуниш нишон медињем, бо аќли солим ва рафтору гуфтори оќилона, ба ояндаи дурахшон ќадам занем, то Тољикистони ягона ва азизи мо дар арсаи байналмилалї беш аз беш шукуфону дурахшон гардад. Танњо бо роњи вањдат, якдигарфањмї истиќлоли кишварро њифзу пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Ёѓибек НОСИРОВ, ноњияи Панљ

Марзи давлатї Аз тарафи хизматчиёни њарбии Ќўшунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар минтаќаи Отряди сарњадии «Њамадонї» убури ѓайриќонунии ќочоќчиёни афѓон аз сарњади давлатї ва кўшиши интиќоли маводи мухаддир ба марзи давлатї пешгирї карда шуд. Аз маркази матбуоти Ќўшунњои сарњадии КДАМ Љумњурии Тољикистон ба рўзномаи “Хатлон” чунин иттилоъ доданд: “Њангоми убури ѓайриќонунии марзи давлатї 4 нафар ќочоќбарони афѓон бо сарњадбонони тољик рў ба рў шуданд. Дар натиљаи задухўрди мусаллањона як нафар ќочоќчии афѓон безарар ва як нафар захмї гардида, боќимонда ба

БОРИ КАЉ БА МАНЗИЛ НАРАСИД муќовимати сарњадбонон тоб наоварда ба самти Љумњурии Исломии Афѓонистон фирор карданд”. Бино ба иттилои манбаъ, аз мањалли ин задухўрд баъди азназаргузаронї маводи мухаддири навъи афъюн 32 кг ва зиёда аз 1 кг њашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Њамчунин, дар шуъбаи назорати сарњадии “Панљи поён” низ аз љониби гурўњи

гар иборат аст. Шояд њоло «хайр, «Њосилот»! гуфтани мо бармањал бошад! КФ «РАВШАН» ТУЊФАИ ПРЕЗИДЕНРО ФУРЎХТ Дастаи «Равшан» яке аз дастањои сермухлис, соњибном ва пурќуввати Лигаи олии Тољикистон мањсуб меёфт, ки њарифон бо љиддияти том ба бозї бо он омодагї мегирифтанд. Њатто он раќиби тими овозадори кишвар, яъне «Истиќлол»-и Душанбе њам буд. Клуби футболи «Равшан» тайи солњои охир 2 карат чемпиони Тољикистон, барандаи суперљом ва Љоми Тољикистон гардидааст. Аммо, шурўъ аз соли 2016 дастаро буњрони шадиди молиявї фаро гирифтааст, ки тим натавонист бозињоро дар Лигаи олии кишвар давом дињад. Њатто дар лањзањои охирин даста автобуси туњфа намудаи Сарвари давлатро њам фурўхт. -Маќсади асосии туњфаи Президенти мамлакат – автобус ба халќ хизмат кардан аст, - иброз дошт зимни суњбат Бањром Рустамов, раиси ташкилоти љамъиятии дастаи «Равшан». - Сараввал, тўли се соли охир автобус дар њолати корношоям буд ва даста имконият надошт, ки онро таъмир намояд. Дуюм, харољоти сўзишвориаш хело зиёд буд, ки мо наметавонистем аз он истифода барем. Севум, ба хотири пароканда нашудану боќї мондани даста дар лигаи якум буд. Б. Рустамов, дар рафти суњбат, инчунин гуфт, ки автобусро бо маблаѓи 87 њазору 500 сомонї, баробар ба 10 њазор доллари амрикої, ба дастаи «Барќчї»-и Њисор барои иштироки даста дар Лигаи якум ва хизмати сафарї ба бозињо, сарулибос, тўб фурўхтаанд. Њамакнун, маслињат шудааст, ки дар њолати хуб шудани вазъияти даста метавонанд дубора автобусро баргардонанд. Ба ќавли манбаъ, буњрони молиявие, ки дастаро думболагир буд, каме њам бошад даста аз ин варта берун баромадааст. Яъне, чор соњибкори мањаллї омодаанд, ки дастаро дар мавсими

нави футбол сарпарастї намоянд. Њамчунин, аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб оид бо маош таъмин намудани бозингарон ваъда шудаааст. 9 нафар бозингарони бењтарине, ки тарбиятёфтаи мактаби варзишии «Равшан» буданд, имрўз аз вазъи молиявии хуб надоштани тим дар дастањои «РегарТадаз»-и Турсунзода 4 нафар, «Хатлон»-и Ќўрѓонтеппа 4 нафар ва «Истиќлол»-и Душанбе 1 нафар

озмун эълон менамояд Р/т 1

2 3 4 5 6 7 8

њунарнамої менамоянд. - Имсол дастаро бо як маќсад ташкил намудем, ки њайати тимро бо бозингарони касбї ќавитар намоем, - гуфт Бањром Рустамов. Айни њол, дар даста 20 нафар тамрин намуда, машќњои якваќтаина рафта истодааст. Барои мо як дарвозабону муњофизатгар лозим аст, ки дар наздиктарин фурсат ба даста љалб менамоем. Њадафи нињоии дастаи мо ба Лигаи олии кишвар баромадан аст, зеро инро дер боз мухлисони тим интизоранд. БА ЉОЙИ ОХИРСУХАН Ин мушкилї ва душворињои сангин њоли баъзе дастањои футболи љануби кишварро чунон танг намудааст, ки ба љуз ном дигар чизе боќї надоранд. Њатто, патриотизм ва энержии бозингарони мањаллї то кай довом мекунад, суоли матрањ мебошад. Суоли дигар ин аст, ки чаро масъулини ноњия ва шањр барои бартараф намудани ин мушкилї иќдом ё барномаеро тарњрезї наменамоянд? Ин суолњоеанд, ки аз масъулин посух мехоњанд!

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон пас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.

Фаромўз Бобоев, «Хатлон»

Номгўи шањру ноњияњо Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини ноњияи Кўшониён Кумитаи идораи замини ноњияи Вахш Кумитаи идораи замини ноњияи Љалолиддини Балхї Кумитаи идораи замини ноњияи Дўстї Кумитаи идораи замини ноњияи Шањритўс Кумитаи идораи замини ноњияи Носири Хусрав

Мансаб

Музди маош

Сармутахассис

852,0

Мутахассис

572,0

Мутахассиси пешбар

665,0

Сармутахассис

852,0

Сармутахассис

852,0

Мутахассиси пешбар

665,0

Сармутахассис

852,0

Мутахассиси пешбар

665,0

Эзоњ

Барои мансаби Сармутахассис-тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї. Барои мансаби мутахассиси пешбар-тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1сол собиќаи умумии мењнатї. Барои мансаби мутахассис-тањсилоти олї ё миёнаи касбї, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Б. Ѓафуров 6 “А”. Телефонњо барои маълумот: 8 (3222) 2-54-94, 2-50-18.

эътибор надорад

Шањодатномаи гумшудаи А №567929 дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1978 МТМУ №3-и шањри Бохтар ба Кулиева Махбуба додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА № 0078925, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2007 МТМУ №49-и ноњияи Бохтар (њозира МТМУ №15-и шањри Бохтар) ба Умурзакова Озодахон Исмоилжоновна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №649756, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1980 МТМУ №49-и ноњияи Бохтар (њозира МТМУ №15-и шањри Бохтар) ба Исматуллоева Њабиба Убайдуллоевна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи № 0433462, ки онро соли 2017 МТМУ №19-и ноњияи Бохтар (њозира Кўшониён) ба Ќуватов Лутфуло Ќиёмиддинович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-АТУ № 0214597, ки онро соли 2015 МТМУ №4-и ноњияи Дўстї ба Мирзоев Ќурбоналї додааст, эътибор надорад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ. Навбатдорон: Низомиддин ИСОЕВ, Њусейн МАЛИКОВ

Тарроњ: Зафарљон Азизов

навбатдории сарњадии “Азназаргузаронии воситањои наќлиёт” дар якљоягї бо кормандони Хадамоти гумрук њангоми азназаргузаронии воситаи наќлиёти боркаши тамѓаи “Дулан” раќами давлатиаш ТЉ 8132 АР 01 мансуб ба ронанда шањрванди Љумњурии Тољикистон, аз махфигоњи дохили воситаи наќлиёт, маводи сахттаъсири нашъадори навъи героин ба миќдори тахминан 2 килограмм ошкор ва мусодира карда шуд. Ф. Давлат, «Хатлон»

Кумитаи идораи замини шањру ноњияњои вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї

Футбол

ХАЙР «ЊОСИЛОТ»?... Дастаи овозадори «Њосилот»-и ноњияи Фархор тайи солњои охир ба мушкилоти молиявї рўбарў шуда, маъмурияти даста њељ наметавонад онро аз ин варта рањонад. Ягона мушкилии асосие, ки дастаро думболагир аст, надоштани сарпарасти асосї мебошад.

ки нисбати минтаќањо доранд, ба воситаи инњо пиёда мекунанд. Имрўз, мутаассифона, дар љањон њар террореро, ки террористон анљом медињанд ва њар кори зидди башариро, ки тарњрезї мекунанд, ба номи ислом рабт медињанд. Душманони ислом бо ин рафторашон мехоњанд номи поки исломро доѓдор кунанд, аммо чуноне ки Пешвои миллатамон дар Паёми худ баён кард: “Ислом дини муќаддас аст. Њадафу маќсадаш сулњу осоиштагї ва ахлоќи њамида мебошад. Террорист дин, ватан, модар надошта барои ў муќаддасоте вуљуд надорад”. Пас, имрўз моро зарур аст, то љавонони кишварро дар рўњияи ватандўстї тарбия намоем.

АЗ «ОЗОДАНДЕШОН»-И КЎТОЊАНДЕШ ЊАЗАР МЕБОЯД!

ВОЛИДАЙНИ ГУЛДАСТАМ МАРО ГУЛПАРВАР КАРДАНД

- Замони наврасї, ваќте муњаббати онњоро ба гулњо медидам, њайрон мемондам ва бехабар аз он будам, ки замоне мерасаду ман низ гулњоро чун фарзандонам дўст медорам, - меафзояд акаи Абдуѓаффор. Абдуѓаффор 54 сол дорад, аммо ёд надорад, ки аз кай ба парвариши гулњо шурўъ кардааст. Аз ќиссаи ў бармеояд, ки њанўз аз замони ба кўдакистон рафтанаш њамроњи бародару хоњарон даври модару падар дар шинонидани гулњо кумак

олимони динї, донишмандони мазњабї дорем, ки љавонон метавонанд аз онњо истифода карда мушкилоти диниашонро бипурсанд то муњтољ ба фатвову гуфтањои суханварони хориљї нашаванд. Агар љавоне ба чунин буњрон гирифтор шуд ва аз касе барои рафъи буњрони фикриаш мадад нахост ва ў бо таъсири як зумра бехирадон ба нияти тундравї ва экстремистї аз кишвар хориљ шуд, дар ин њолат њам худи ў зарар мебинад, на каси дигар. Чаро? Зеро ин љавон истиќлолияти фикрии худро аз даст додааст, миллатдўст нест. Миллат, ватан, модар ба ў арзише надорад. Аз чунин љавон гурўњњо ва равияњои экстримистї, ки имрўз дар љањони муосир фаъолият мекунанд, истифода мебаранд. Ўро аввал њамчун ватандўсти мазлум ќабул карда, ба ў бо номњои зебо кумакњои "башардустона" намуда, баъд он маќсадњои нопоке,

Вокуниш

Њунар бењ аз симу зар

Абдуѓаффор Машрабов зодаи шањри Бохтар аст. Шуѓли гулпарвариро аз падару модари гулдўсту гулпарвараш омўхтааст. Ў мегўяд, ки волидайни азизаш низ њар субњро бо бўйидани атри гулњои парваридаашон оѓоз мекарданд.

панљшанбе, 5 апрели соли 2018, №13 (3150)

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 04.04.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Хатлон 13 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu