Skip to main content

Шумораи №12-2019

Page 1

То ба гардун сухани Наврўз аст, Тољикистон ватани Наврўз аст.

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №12 (3197)

ЧОРШАНБЕ, 20 марти соли 2019

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРЎЗ АЗ МУБОРАКТАРИН ЉАШНЊОИ МИЛЛИИ МО - ТОЉИКОН ВА ДИГАР МАРДУМОНИ ЊАВЗАИ НАВРЎЗ АСТ» Мо ифтихор мекунем, ки Тољикистони мо ватани Наврўз аст ва дар сарзамини мо тантанањои наврўзї њамчун оѓози корњои бањорї ва файзу баракати сол, пеш аз њама, ба кишоварзон неруи тоза мебахшанд. Наврўз дар Тољикистон ба шарофати Истиќлолияти давлатї эњё гардид, шукўњу шањомати тоза пайдо кард ва ба яке аз љашнњои бузургу муќаддаси миллии мардуми тољик табдил ёфт. Љашни Наврўз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушњолї барои инсоният мебошад. Мањз бо њамин сабаб арзишњои онро, ки ба нафъи љомеа мебошанд, худи љомеа, яъне халќ пос медорад. Дар Тољикистони мо соњаи кишоварзї шуѓли асосии сокинони дењот ба шумор меравад ва аз лињози имкониятњои истењсолии худ кишварамон метавонад ба макони парвариши мањсулоти кишоварзии аълосифат табдил ёфта, содироти мањсулоти худро ба хориља торафт афзоиш дињад ва њифзи амнияти озуќавориро, ки яке аз њадафњои стратегии Њукумати мамлакат мебошад, таъмин намояд. Аз ин лињоз, зарур аст, ки мардуми мо дар баробари тантанањои наврўзї њар рўзи бањорро самаранок истифода карда, ба киштукор машѓул шаванд, нињол шинонанд, боѓ бунёд кунанд, майдону кўчањо ва боѓу хиёбонњоро тозаву озода намоянд. Фарњанги ориёї дар тимсоли Наврўз ба љањониён љашнеро бахшидааст, ки бар пояи мењру садоќат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, аќлу мантиќро бар љањлу зулмат пирўз гардонидааст. Ва тавре ки мушоњида мекунем, хусусан, имрўз халќњои сайёра беш аз њар ваќти дигар ба дўстиву њамкорї ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврўз њоло низ метавонад њамчун ойини мењру фарњанг дар самти њамгироии мардуми олам наќши муассир бозида, инсониятро ба сўйи хушбахтї ва саодати воќеї рањнамої созад. Бахшиши гуноњњо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва сањм гузоштан дар корњои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, нињолњои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кўчаву растањо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз љумлаи суннатњои асосии Наврўз ба шумор мераванд. Њамин аст, ки њар сол дар арафаи таљлили ин љашни бузург бо ташаббуси шахсони њимматбаланд, аз љумла соњибкорони бонангу номуси кишвар дар шањру ноњияњои гуногуни мамлакат тавассути бун-ёди иншооти хурду бузурги истењсолї ва хизматрасониву тиљоратї њазорњо љойи нави корї таъсис дода мешаванд.

Тибќи анъанањои неки аљдодї бо фарорасии фасли бањор ва айёми Наврўз дар сарзамини мо давраи киштукор ва дигар корњои ободонї, бунёди боѓњо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кўчаву хиёбонњо ва намуди идона бахшидан ба шањру дењот оѓоз мегардад. Идома бахшидан ба ин суннатњои неки аљдодї имконияти бењтарини баланд бардоштани сатњи маърифати љавонон, таблиѓи зањмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоќи њамида, њисси миллї ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад. Наврўз, ки имрўзњо дар диёри мо бо шукўњу шањомат ва бо тантана таљлил мегардад, сарчашмаи гаронбањои маънавї, воситаи муњимми сарљамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, њидоятгари ањли љомеа ба сўйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад. Наврўз бо обу хок, марзу бум ва рўњи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалї дошта, расму ойинњои он рамзњое доранд, ки аз замонњои бостонї то имрўз рўзгори мардуми фарњангиву ободгар ва инсондўсту тањаммулгарои моро њамроњї мекунанд. Дар айёми Наврўз табиат эњё мегардад, инсон неруи нав мегирад, дилу андешањо ба њам меоянд, одамон амалњои саховату накўкорї ва хайру савобро ба љо оварда, ба њамдигар шодиву сурур мебахшанд. Воќеан, Наврўз аз муборактарин љашнњои миллии мо – тољикон ва дигар мардумони њавзаи Наврўз аст, ки аз замонњои ќадим то ба имрўз бо ѓояњои олии башардўстона - дўстиву њамкорї, созандагиву ободкорї, инсондўстиву хайрхоњї ва шукргузорї аз зебоиву неъматњои табиат мардумро гирди њам меорад. Љањонишавии Наврўз дар марњалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароњам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин љашни ќадима аз њар љињат ба он бештар таваљљуњ зоњир намоянд, зеро муњтавои Наврўз танњо марбут ба ќаламрави зуњури он набуда, балки суннату анъанањои неку созандаи он метавонанд њамчун омили муњимми њамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд. Далели равшани ин дар давоми солњои охир баргузор шудани љашнворањои љањонии Наврўз дар чанд кишвари њавзаи фарњанги Наврўз, аз љумла Тољикистони азизи мо мебошад, ки боиси гирди њам омадани ањолии зиёде аз меросбарони ин падидаи тамаддуни куњани башарї гардида, дар тањкими дўстии онњо наќши босазое гузошт.

НАВРЎЗ АЙЁМИ БЕДОРИИ ТАБИАТ ВА ХУШЊОЛЇ БАРОИ ИНСОНИЯТ АСТ ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ЊАКИМЗОДА ЌУРБОН БАХШИДА БА ЉАШНИ НАВРЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ

Њамдиёрони азиз! Мо аз сарчашмањои таърихї ва наврўзномањои сершумори ниёгонамон хуб медонем, ки гузаштагонамон њанўз аз замони шоњ Љамшеди бузургу хирадманд ин љашнро њамчун рамзи пайванди ногусастанї миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муњаббату дўстї, эњсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукўњу љалоли хоса таљлил мекардаанд. Он мувофиќи илми ситорашиносї ба нахустрўзи офаринишу бањор, рўйидани

сабзаву љон гирифтани рўдњо, шукуфтани гулњо ва зинда шудани умеду орзу дар ќалби инсонњо ва муњимтар аз њама, ба лањзањои баробар шудани шабу рўз рост меояд. Яъне, Наврўз оѓози соли нав ва ибтидои таќвими нав буда, љашни баробарии шабу рўз, дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонњо дар рўйи замин ба шумор меравад. Мо аз љумлаи он мардумони хушбахте њастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муњтавои амиќ ва љавњари фалсафию рўњи зиндагисози он ба мерос гирифтаем. Имрўз барои мо-тољикон ва кулли кишварњои њавзаи тамаддуни Наврўз боиси ифтихор аст, ки ин љашни куњану бостонї ва зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттањид бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њамчун љашни байналмилалї эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиљаи азму талоши муштарак ва пайгирињои бисёрсолаи Тољикистон ва як ќатор давлатњои дўсту бародар мебошад. Дар сатњи Созмони Милали Муттањид ба њайси љашни љањонї пазируфта шудани Наврўзи Аљам њаргиз тасодуфї нест. Ин иќдоми муњим на фаќат дар рушди тамаддуни муосир фоли нек аст, балки гувоњи он мебошад, ки имрўз љањон беш аз њар ваќти

дигар ба арзишњои олии маънавию ахлоќии фарњанги наврўзї ниёз дорад. Яке аз сабабњои љањонишавї ва дар байни халќу давлатњои дигар доман пањн кардану гиромї шудани Наврўзи Аљам дар он аст, ки дар тўли асрњо дар баробари ин, ки ба ривољи маданияти заминдориву зироаткорї ва боѓдориву ободгарї мусоидат намудааст, њамчунин ба инсонњо чун фарњанги волои њамёриву њамкорї ва омили муњими тањкими сулњу вањдат ва тавсеаи накўкориву хайрхоњї хизмат кардааст. Яке аз суннатњои бисёр неку шоистаи Наврўз он аст, ки одамон ба истиќболи ин љашни фархунда натанњо макони зисту ашёи рўзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки ќалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинї пок месозанд, њамдигарро бо чењраи кушоду оѓуши пурмењр истиќбол мегиранд. Њаќиќат ин аст, ки љашни Наврўз умри дубора ёфт ва имрўз дар саросари мамлакат бо шукўњу шањомати бемисл таљлил мегардад. Бо омад-омади Наврўз, ки айёми умеду орзуњои наљиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад, хуршеди пурњарорати наврўзї ба хонадон ва ќалби њар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар ќалбњои мо эњсоси самимии накўкорї, вањдату ягонагї, дўстию бародарї ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад. Бузургони илму адаби мо њамин дўстиву

њамбастагї, ифтихори милливу ватандорї, хештаншиносї ва расидан ба ќадри сулњу субот ва оромиву осоишро њамеша васфу ситоиш кардаанд. Мо њам бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озод, дар мамлакати соњибихтиёру обод ва дар шароити сулњу суботи комил бузургтарин љашни аљдодиамон-Наврўзро таљлил менамоем. Бахусус, Наврўзи имсола барои мардуми сарбаланди вилояти Хатлон шукўњи хоса дорад. Зеро шањри Норак базмгоњи марказии наврўзї дар кишвар буда, ќудуми неки Сарвари давлат ба он баракат ва нусрати тоза ато менамояд. Барои истиќболи арзандаи он ба њар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соњибдавлативу соњибихтиёрї њар рўзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва мањалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии ватани аљдодиамон ва то ин санаи таърихї ба анљом расонидани бунёди иншооти љашнї ва дигар наќшањои неки ќабулгардида сањми ватандўстона гузорад. Фарорасии Наврўзи оламафрўзро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи вилоят ва Тољикистони азиз табрик менамоям. Бигзор Наврўз бахту саодат ва хайру баракатро дар њар хонадони тољикистонї арзонї дорад, сулњу субот ва вањдати миллии моро љовидонї гардонад. Сарбаланду хонаобод бошед!

СОХТМОНИ БУЗУРГИ АСР

НБО-и «РОЃУН»-КОХИ НУР ...Бароталї Сайдалиев яке аз сохтмончиёни муваффаќи Вахшонзамин буд. Аввал бетонрез, баъдтар сардори бригадаи бетонрезї шуда, дар бунёди силсиланеругоњњои барќи обии Вахш - “Сарбанд”, “Шаршар” ва “Марказї” фаъолона мењнат кардааст. Бароталї Сайдалиев њангоми дар њаёт буданаш ба фарзандонаш чунин панд медод: “Инсонро аќл инсон мекунад, вагарна ба сурати бемаънї монанд мешавад. Бењуда намегўянд: “Бузургї ба аќл аст, на ба сол”. Бикўшед, дар њаёт бо кори нек номи нек боќї гузоред”. Њаёти Бароталї Сайдалиев барои фарзандону наберагон ва њамкорон намунаи ибрат буд. Ба сифати бригадаи бетонрезон кор карда, супоришњои њармоњаро ба љо оварда, номаш вирди забонњо мешуд. Дар бригада намояндагони миллатњои гуногун: русњо, ўзбекњо, тоторњо, ќазоќњо ва дигарон мењнат карда, дар сохтмони Неругоњи барќи обии «Шаршар» сањм мегузоштанд. Кўшишњо, љањду талошњои сохтмончиён натиља дода сохтмони Неругоњи барќи обии «Шаршара» пеш аз муњлат бунёд гардид. Сохтмончиён бо кори нек аз худ номи нек боќї гузоштанд... Бароталї Сайдалиев ва шариконаш натанњо дар бунёди неругоњњо, инчунин клубу китобхонањо, идорањо, кинотеатрњо, манзилњои истиќоматї дар маркази ноњияи Вахш, мавзеъњои навободи Ќародум, Гароутї ва дигар мавзеъњо бунёд намуда, ба водии зарнисори Вахш њусни тоза бахшиданд. Сафар фарзанди Бароталї Сайдалиев дар кори азхудкунии заминњои бекорхобида дар њудуди шањру ноњияњои водии Вахш сањми сазовор гузоштааст. Майдони корнамоињои мењнатии ў васеъ аст. Мавзеъњои Гароутї, Ќародум, Ќароланг, Гулистон, Тошробод ва ѓайра. -Маро ба сифати пешќадами истењсолот, - њикоят мекунад Сафар Сайдалиев, - чор маротиба ба Москва ба маљлиси пешќадамон даъват карданд. Сазовори медали тиллоии Намоишгоњи комёбињои хољагии халќи кишвар ва Лауреати комсомоли умумииттифоќ гаштам. Раљабалї писари Сафар Сайдалиев касби падарро пеша карда, шуњратёр гашт. Экскаваторчии љавон Раљабалї аз падари хеш нозукињои ин касбро омўхта, бо мењнати пурсамар дар ќатори пешќадамон љой гирифт. - Ман дар наќби эњтиётии обпартои “Роѓун” кор мекунам,мегўяд Раљабалї Сайдалиев ваќти суњбат.-Имрўзњо “Роѓун” ба сохтмони зарбдор табдил ёфтааст. Дар се баст беш аз бист њазор нафар коргарон, мутахассисон, муњандисон кор карда ис-

тодаанд. Корњои зеризаминї ва рўйизаминї вусъат гирифта, супоришњои њаррўза аз меъёр зиёд иљро мешаванд. Сохтмончиён азм доранд, имсол як агрегати дигарро сохта ба истифода дињанд. Мулоќоти Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ваќти ба истифода додани агрегати нахустини неругоњ ба коргарон, мутахассисону муњандисон рўњу илњом бахшида, ба вусъати корњо дар ин сохтмони бузурги аср мусоидат кард. Халќи арљманди мо њиммати баланд дошта, бо мушкилнописандї ба комёбињои дилписанд соњиб мешаванд. НБО “Роѓун” ифтихори мардуми Тољикистон буда, бо дастгириву мадади Њукумати кишвар, Пешвои хирадманди миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сохта шуда, ба рушди иќтисодиёти кишвар мусоидат мекунад. Дар дохили наќби эњтиётї кор лањза ба лањза суръат мегирад. Экскаваторчї Раљабалї Сайдалиев ба ќатори мошинњои дар навбатистода хок бор карда, супориши њаррўзаро иљро мекунад. Имрўз фикру зикри сохтмончиён ба он равона гардидааст, ки мувофиќи наќша агрегати навбатї бо сифати баланд сохта ба истифода дода шавад. Зеро баъди бунёди НБО “Роѓун” кишвар пурра ба барќ таъмин гашта, як силсила корхонањои нави замонавї сохта ба истифода дода мешаванд. Ободонии Тољикистон, гулгулшукуфоии кишвар, пурра фаъолият кардани корхонањои гуногун ва ба ин васила бењтар шудани шароити зисту зиндагонии ањолї ба бунёди ин иншооти муњташами аср вобаста аст. Дар НБО “Роѓун” кор љўш мезанад. Мошину экскаватору механизмњо дар њаракатанд. Ќатори мошинњо ба дохили наќб сангу шаѓал кашонда, наќлиётњои дигар бошанд, хокро ба берун мекашанд. Муњандисон, мутахассисон сифати корњои иљрошударо месанљанд. НБО “Роѓун” майдони њаќиќии корзори мењнатиро мемонад. Сохтмончиён аз пайи иљрои кори худанд. Дар ќатори онњо Раљабалї Сайдалиев њам бо амри дил мењнат мекунад. Кораш пеш рафт. Борњо сазовори мукофотњои коргоњ гаштааст. Азму талош дорад, ки дар бунёди ин “кохи нур” сањмгузор бошад. Бобояш Бароталї Сайдалиев дар бунёди неругоњњои барќи обии “Сарбанд”, “Шаршар” ва “Марказї” сањм гузоштааст. Раљабалї Сайдалиев айни њол анъанаи неки падару бобобояшро давом дода, ба кори пурсамар натиљањои дилхоњ ба даст оварда, шуњратёр гаштааст. Б. САЙДАЛИЕВ


2

ХАТЛОН

ЧОРШАНБЕ, 20 марти соли 2019, №12 (3197)

Эй бањори дилкушо бар мулки мо хуш омадї, Бо садои булбулу савту наво хуш омадї. САЊМИ МО ДАР БУНЁДИ НЕРУГОЊ

Бо пешнињоди Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Наврўзи байналмилалї имсол дар шањри Норак баргузор мегардад. Барои дар сатњи баланд таљлил намудани ин чорабинии фарњангї ва тантанаи пуршукўњи он мардуми ин куњандиёри бостонї омодагии хуб гирифтанд. Чуноне раиси шањр Фатњулло Њурматзода иттилоъ дод, сокинони шањр омодаанд, ки ин иди ниёгонро ба таври хотирмон таљлил намоянд. Сањифаи мазкур аз фаъолияти пурсамар ва дастовардњои мењнатии ин диёри нурофар њикоят мекунад.

Хеле шодам, ки баробари дигар мардуми шарифи љумњурї дар кори бунёди Неругоњи барќи обии “Роѓун” коллективи коргарони корхонаи мо сањм мегузоранд. Мањсулоти истењсолнамудаи коргарони корхона дар корњои сохтмонии ин иншооти азими аср истифода мегардад. То ба кор даромадани корхонаи мо як ќисм масолењи сохтмонї ва ќисмњои зарурї аз љумњурињои Украинаю Русия барои бунёди НБО-и “Роѓун” ворид мегардид. Ин харољоти зиёдатиро талаб мекард. Истењсоли маводи худї имкон дод, ки њам љойи корї пайдо шаваду њам маблаѓ дар худи љумњурї боќї монад. Акнун дар ин љо панљарањои оњанин барои корњои бетонрезї истењсол мешаваду њам дарвозањои мустањкам барои дарѓотњои НБО-и “Роѓун”. Алњол, дар корхонаи мо 160 нафар коргарон фаъолият менамоянд. Баробари истењсоли маводи техникї ва дигар заруриёти НБО-и “Роѓун” њамчунин, корхона дар дигар бахшњо низ фаъолият менамояд. Аз љумла, талаботи сохтмончиёнро бо либоси махсуси корї ба инобат гирифта, дар корхона сехи дўзандагї ташкил карда шуд, ки барои коргарон либоси ягонаи корї тайёр менамояд. На танњо барои коргарони НБО-и “Роѓун”, балки фармоишоти дигар корхонањои љумњуриро низ иљро менамояд. Фаъолияти корхона васеъ мегардад. Дар ин бахш сањми директори генералии ЉСП «Тољикгидромонтаж» Њурматулло Зайдов, ки корхонаи мо як љузъи он ба шумор меравад, калон аст. Бо ташаббуси ин роњбари кордон дар корхона бунёди боз як корхонаи нав - «Гидромехсаноат», босуръат

БА НАВРЎЗИ ШАЊРИ НУРОФАР МАРЊАМАТ Фатњулло ЊУРМАТЗОДА, раиси шањри Норак Бо истифода аз фурсати муносиб мардуми шарифи Тољикистони азизро бо љашни Наврўзи байналмилалї табрик гуфта, барои онњо тамоми хушињои зиндагиро таманно менамоям. Хоњони онам, ки бахту саодату шодкомињо њамсафари зиндагии онњо бошад. Боиси ифтихор ва шодию хурсандї аст, ки Наврўзи байналмилалии имсола дар диёри куњанбунёди мо таљлил мегардад. Ин бесабаб нест. Гумон мекунам, ки мењнату зањматњои мардуми ин диёри нурофар аз љониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќадрдонї гардида, баргузории љашнвораро дар шањри Норак њамчун рамзи миннатдорї пешнињод намудаанд. Мардуми шарифи шањр аз ин изњори сипос намуда, барои дар сатњи баланд таљлил намудани он омодагии комил гирифтанд. Ба ин маќсад корњои созандагию ободонї вусъати тоза пайдо намуд. Аксарияти биноњои истиќоматї аз нав таъмиру тармим гардиданд. Роњњои дохили шањр ва роњњои ањамияти љумњуриявидошта мумфарш карда шуданд. Бењдошти муњити зист ва боз њам назаррабо гардонидани табиати атроф яке аз вазифањои фахрї ва шарти муњими њар як шањрванд аст. Аз ин рў, кори сабзу хуррам гардонидани мањаллањои дењот ва маркази шањр ривољ ёфт. Мардум бо дасту дили гарм ба њашари дастљамъона баромада, рўзњои

истироњат дар корњои ободонї фаъолона ширкат варзиданд. Тавассути ин амали нек њазорњо бех нињоли дарахтони њамешасабзу ороишї шинонда шуданд. Дар ин бахш сокинони шањр ва коллективњои ташкилоту муассисањо фаъолияти баланд нишон доданд. Боиси тазаккур аст, ки дар вусъат пайдо кардани корњои ободонию созандагї таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон наќши калон бозид. Дар ин бахш дастуру њидоятњои Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон моро њидоятгар шуда, бањри вусъат бахшидани амалњои бунёдкорї рањнамун намуд. Ба ин маќсад, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр наќша-чорабинии зарурї тартиб дода, бунёди 66 иншооти гуногуни фарњангию тандурустї, хизматрасонї, корхонањои хурду бузургро ба наќша гирифт, ки он то љашни таърихии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сохта, ба истифода дода хоњанд шуд. Айни замон аксарияти иншоотњои хизматрасонї пурра сохта, мавриди истифода ќарор дода шуданд. Бунёди иншоотњои банаќшагирифта имконият медињанд, ки садњо нафар сокинони шањр ва мањалњо ба љойи кори доимї таъмин карда шуда, зиндагиашонро боз њам бењтару хубтар намоянд. Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми нав-

батиашон ба Маљлиси Олї иброз доштанд, ки бояд Тољикистон дар ояндаи наздик аз љумњурии аграрї ба љумњурии агросаноатї табдил дода шавад. Ба ин маќсад, њадафи чоруми миллї саноатикунонии мамлакатро пешнињод намуданд, ки ин бо рўњбаландии калон аз тарафи кулли мардуми Тољикистон дастгирї ёфт. Дар ин раванд шањри Норак истисно нест. Бояд њар як сокини шањр, аз мардуми одї сар карда, то шахсони масъул пайи амалї гардидани ин маќсади нек масъулияти баланд њис намоянд. Зеро яке аз истењсолкунандагони ќувваи барќ шањри Норак буда, барои бунёди иншоотњои саноатї хеле мувофиќ аст. Инро ба назар гирифта, бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон аллакай сохтмони ин гуна корхонањо шурўъ гардиданд. Ман аминам, ки бо дастгирии Сардори давлат ин кори хайр пурра ба анљом расонида мешавад. Бањори фархундапай, Наврўзи Аљам ба сарзамини бињиштосои мо ќадами файзборашро нињод. Аз омад-омади ин фасли наку, ќабл аз њама, дењќони ризќофар хурсанд мегардад. Бањор ин айёми киштукор, ба замин пошидани донаи умед аст. Ин аст, ки марди дењќон ба сари мазраи худ бармегардад, онро ба киштукор омода намуда ба кишти зироатњои ѓалладонагї ва зироатњои техникї шурўъ мекунад. Дар урфият мегўянд: “Соле, ки накуст аз бањораш пайдост”. Ин

НАВГОНИЊО Рўзи љашни Наврўзи байналмилалї дар шањри Норак иншоотњои зерини љашнї мавриди бањрабардорї ќарор мегиранд. -Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон. Парчам аз љониби коргарону мутахассисони КВД «Алюминзавод» бо дастгирии соњибкори мањаллї ба маблаѓи 1 миллиону 700 њазор сомонї сохта шудааст.

-Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон дар шафати ЉСП «КМОЌ-и Норак» бунёд гардида, баландиаш 17 метр мебошад. Маблаѓгузори сохтмон соњибкори мањаллї буда, барои корњои сохтмон 1 миллиону 500 њазор сомонї сарф гардидааст. Корњои сохтмониро коргарони КВД «Алюминзавод» ба анљом расонидаанд. -Муљассамаи Исмоили Сомонї. Он аз рўйи лоињаи ЉСК «ПИЛЉ САНИИСОП» аз љониби коргарону мутахассисони “Инпекс компания” бо дастгирии соњибкори мањаллї ба маблаѓи 1 миллиону 700 њазор сомонї сохта шудааст. -Коргоњи истењсолии брусчаткаи резинї дар назди корхо-

ЊУНАРМАНД ЊАР КУЉО БОШАД САРБАЛАНД Њунарманд њар куљо бошад сарфароз, соњибэњтирому азизи њамагон аст. Инсон тавассути њунари воло метавонад ба дигарон шодиву нишот бахшад, мушкилоти инсонњоро њал намояд, ќалбњоро тасхир созад, ба нафъи љомеа ва халќ хидмат намояд. Савзимо Назароваро дар шањри Норак ва берун аз он мешиносанд. Ин зани њунарманд, мењрубон, чолок барои худ ва дигар занони мањаллаашон љойи корї бунёд на-

спонад, сипас бо як мањорати хос аз танўр канда, болои сурфа мегузорад. Муъљизаи дастони ин зан, сењри њунараш њар як бинандаро ба њайрат меорад. Савзимо њангоми суњбат бо як хоксорї ёдовар гардид, ки ин њунари нону кулчапазиро аз модаркалонаш момои Малика ва модараш Ракатмоњ омўхтааст. Њунари волои нотакрори модари тољик асрњо то ба имрўз ба фарзандон мерос мондааст. Тавассути сиёсати оќилонаю

мудааст. Ў корхонае насохтааст, вале дар њавлии хеш ба пухтани кулчањои ширмолу бомаза шурўъ намуда, дањњо занони хонашинро ба ин кор рањнамун сохтааст. Дарвоќеъ кулчаю нонњои болаззати пухтаи Савзимо Назарова харидорони зиёде дорад. Дар тўю маърака ва рўйи дас-тархони њар як хонадони тољику тољикистонї мањсули мењнати ин занро пайдо намудан мумкин аст. Њангоме ки аз хонадони ў дидан намудем, бо шогирдону њамсоягонаш кулчањои мисли рўйи бонувони тољик-арвуѓониро аз танўри гарм меканд. Бўйи нону кулчаи ширмоли гарм атрофро пањн намуда, ба кас њаловат мебахшид. Савзимо Назарова зимни суњбат иброз дошт, ки беш аз дањсолањо ба ин шуѓл рўзгори хешро ба сомон меорад. 10 нафар бонувони мањалла низ ба ў њамдаст гашта, якљоя кулчањои зебою ширмол мепазанд. Талаботи на танњо сокинони шањри Норак, балки шањру ноњияњои Душанбе, Восеъ, Балљувон, Бохтар, Вахш ва ѓайрањоро ќонеъ мегардонад. Тавассути телефон аз њар як гўшаву канори ватани азизамон дархост менамоянд ва бо наќлиёти мусофирбар кулчањои арѓувонї ба љойи дархостгардида фиристода мешавад. Оре, ин зани њунарманд, бо нигоњ ва ченаки дасти хеш заволањоро якранг, яквазн мегираду гулрезї намуда, дар оташдони гарме, ки тавонотарин мард наметавонад ба он наздик шавад, меча-

хирадмандонаи Роњбари давлат, Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њунарњои мардумї сол ба сол рушд намуда, оламу одамро ба њайрат гузоштааст. Солњои 2019-2021 “Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон гардидааст. Ин иќдоми навбатии Роњбари давлат имкон медињад, ки њунармандон бањри рушди шуѓлу њунари хеш бештару бењтар кўшиш ба харљ дињанд. Зеро, барои њар нафаре, ки мехоњад касбу њунар, нияту наќша ва ќобилияту истеъдоди худро амалї гардонад, шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Танўрсозї низ яке аз шуѓлњои дўстдоштаи ў ба шумор меравад. Ќариб дар њар хонадони сокинони шањри Норак самараи њунари дастони ин кадбону ба чашм мерасад. Дар як чорабиние, ки бо иштироки намояндагони давлатњои хориљи кишвар ќаблан дар шањри Норак доир гардида буд, ширкат доштем ва бо чашми хеш дидем, ки кулчањои дастпухти Савзимо Назароваро чї гуна хориљиён бо як иштињо ва як њиссиёти аљиб истеъмол менамуданд ва мазаву лаззаташро эњсос намуда, офарину ањсант мегуфтанд. Имрўзњо ин бонуи њунарманд серташвиш аст. Ў кўшиш менамояд, ки аз њаррўза дида бештар кулчањои арѓувонї омода намуда, барои боз њам бењтару хубтар ва хотирмон таљлил намудани љашни Наврўзи байналмилалии љумњуриявї дар шањри Норак сањми арзандаи хешро гузорад.

АКСИОНЕРИ МУВАФФАЌ

наи ЉСП «Заводи таљрибавїмеханикї» соњибмулк Хўљамурод Азимов. -Сехи истењсоли металлњои гидротехникї дар филиали ЉСП «Тољикгидромонтаж». Он аз тарафи соњибкор Х. Зайдов бунёд гардидааст, ки 60 нафарро бо љойи кори доимї таъмин менамояд. -Бинои истиќоматии панљошёна аз тарафи соњибкори

мањаллї Љўрабек Њаќназаров бунёд гардидааст, ки аз 30 њуљра иборат буда, дар нуќтањои савдои он 10 нафар соњиби љойи кор мегарданд. -Бинои истиќоматии њафтошёна. Он аз љониби соњибкори мањаллї Абдулло Садриддинов бунёд гардидааст, ки аз 40 њуљра иборат буда, њамзамон дар нуќтањои савдои он 15 нафар бо љойи кор таъмин карда мешаванд. -Толори варзишї ба маблаѓи 2 миллион сомонї, майдончаи варзишии кўдакона, истироњатгоњи «Нурсоз», дорои майдончаи варзишї ва њавзи зимистонаи шиноварї.

бањор низ хеле хуб омад. Умед дорем, ки он ба соли фаровонњосилию комёбињо дар тамоми бахшњои хољагии халќи Тољикистони азиз табдил мегардад. Дар ин кори пурсамар ба кулли зањматкашони кишвар, алалхусус марди дењќон, барору комёбињо таманно менамоям. Истифода аз фурсат бори дигар мардуми сарбаланду вањдатофар, баору номуси Тољикистони бињиштосоямро ба фарорасии фасли бањор, иди киштукор, љашни Наврўзи байналмилалї аз самими дил табрик гуфта, барояшон рўзгори хушу босаодат орзу менамоям.

идома дорад, ки он метавонад барои сохтмони неругоњ маводњои заруриро истењсол намояд. Бо ба кор даромадани корхонаи мазкур имкон фароњам меояд, ки боз ба таври илова 25-30 нафар эњтиёљмандон бо љойи кори доимї таъмин карда шаванд. Ба ифтихори љашни байналмилалии Наврўз ва 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон корњои созандагию бунёдкорї вусъат меёбанд. Ба ин маќсад, баробари дар дохили корхона иљро намудани корњои ободонию созандагї, њамчунин дар атрофи он низ корњои сабзазоркунї идома дорад. Коллективи коргарони корхонаи мо аз он ифтихор доранд, ки Наврўзи байналмилалї имсол дар шањри Норак таљлил мегардад. Мо имкон пайдо мекунем, ки дар таљлили он ширкат варзем ва чорабинињои фарњангиро аз наздик дида, аз он њаловат барем. Аз имконият истифода намуда, мардуми шарафи љумњуриро ба Наврўзи Аљам табрик мегўям ва ба онњо тамоми хушињои зиндагиро таманно менамоем. Абдурањмон КАРИМОВ, директори филиали Љамъияти сањњомии пўшидаи «Тољикгидромонтаж»

Гумон мекунам бисёрињо дар бораи истилоњи «аксия» ва «аксионер» тасаввуроти комил доранд. Ба њар њол, лозим медонем, ки ин дам бори дигар дар бораи онњо ба таври мухтасар маълумот дињем. «Аксия» аз зумраи коѓазњои ќиматнок буда, арзиши таљњизот, бино ва дигар васоити кори корхона бо он муайян карда мешавад. Њамчунин, дар дигар бахшњои корї низ он наќши муњим мебозад. Шахсе, ки аксияњои ягон корхонаро соњиб мешавад «аксионер» њисобида мешавад. Нафарони зиёде соњиби аксияњои корхонањои саноатї буданд, вале на њамаи онњо тавонистанд бори гарони аксияњоро бар дўш гиранд. Дар натиља, аз бесалоњиятї ва надоштани таљрибаи кофї ќисми онњо ба касодї дучор шуданд. Онњое, ки ќобилияту истеъдоди роњбариву кордонї доштанд, ба пешравию комёбї ноил гардиданд. Хўљамурод Азимов аз зумраи ин нафарон аст. Ў дар давоми фаъолияти кориаш ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардид. Хўљамурод 25 апрели соли 1967 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоњи техникии Тољикистон шомил шуда, онро бо ихтисоси стансияи электрикї

ба итмом расонид. Баъди хатми донишгоњ фаъолияти кориашро аз техники шуъбаи таъминоти идораи сохтмонии «Нурекгэсстрой» оѓоз намуда, минбаъд директори корхонаи хурди «Шоми Норак» ва сипас, аз соли 2006 инљониб директори љамъияти сањњомии пўшидаи «Заводи таљрибавї-механикї»-ро ба уњда дорад. Њамон сол кулли аксияњои корхонаро харидорї намуда, соњибмулки он гардид. Фаъолияти истењсолии корхона серсоња аст. Дар навбати аввал, барои неругоњњои барќї мањсулот истењсол менамояд. Имрўз мањсулоти корхона пеш аз њама барои сохтмони Неругоњи барќи обии “Роѓун” харидорї мегардад. Мањсулоти корхона, аз љумла тўри симин барои корњои бетонрезї, зарфњои обгирї, механизмњои борбардорї ва кашиш, истењсоли хишти пухта, тайёр кардани кислороди техникї барои истењсолот, азнавбарќароркунии шинањои мошинњои калонњаљм ва дигар лавозимоти зарурї барои сохтмони Неругоњи барќи обии “Роѓун” ба шумор меравад. Дар арафаи иди Наврўз аз корхонаи мазкур дидан карда, бо фаъолияти он аз наздик шиносої пайдо намудем. Ањли коргарон ба љашни Наврўз омодагї мегирифтанд. Ќисме, атрофи биноро тоза менамуду ќисми дигар, роњравњоро аз нав батартиб медаровард. Дохили корхона тозаю озода ва коргарон њар яке паси дастгоњњои корї машѓули коранд. Кор дар њама сехњо, ки зиёда аз дањ адад мебошанд, бо як дилгармии зиёд идома дошт. -Ана ин дастгоњро ба тозагї аз хориљи кишвар харидорї намудаем, - мегўяд Хўљамурод Азимов. - Фаъолияти кори он тавассути компютер ба роњ монда шудааст.

Њар як кореро, ки анљом доданї бошем, ба компютер дохил менамоем ва дастгоњ чун робот онро иљро менамояд. Ана ин Нишони давлатии Тољикистон аст, ки тавассути ин дастгоњ тайёр карда шудааст. Нишон аз металли ѓафсиаш 2-миллиметра сохта шуда, хеле назаррабо аст. Кас гумон мекунад, ки онро наќќоши моњире бо тамоми мањораташ кашидааст. Болотар аз нишон, њамчунин, Ќасри миллат аз металл бо дарозии 4 ва баландии 1,5 метр сохта шудааст, ки он метавонад пештоќи њар як корхона ва канори роњро зебу зиннат бахшад. Роњбарияти корхона бо маќсади боз њам васеъ намудани иќтидори истењсолї ва васеъ намудани самтњои фаъолияти он, на танњо бо корхонањои њудуди љумњурї, балки бо корхонањои Федератсияи Русия, Чин, Ўзбекистон њамкорї менамояд. Айни замон, дар корхона 511 нафар коргарон фаъолият менамоянд, ки аз ин миќдор 131 нафараш дар худи корхона ва 380 нафараш дар сохтмони НБО-и “Роѓун” кор мекунанд. Фаъолияти пурсамари роњбари корхона аз тарафи давлату Њукумати љумњурї ќадрдонї шуда, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид. Мукофоти мазкурро Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар вазъи тантанавї ба Хўљамурод Азимов супурда, ба ў барору комёбињо таманно намуд. Мо низ, ба Хўљамурод Азимов ва ба коллективи корхонааш барору комёбињо таманно намуда, Наврўзи байналмилалиро барояшон табрик гуфта, хушињои зиндагиро таманно месозем.

Масъулони сањифа А. САФАРОВА ва Н. САФАРЗОДА


3

ХАТЛОН

ЧОРШАНБЕ, 20 марти соли 2019, №12 (3197)

Аз ќудуми неки ту сарсабз шуд дашту даман, Бо суман, бо настаран бо лолањо хуш омадї. «ДАВИ НАВРЎЗЇ» ДАР ХАТЛОН

ПАЁМЕ ОМАД АЗ РЎЗГОРИ НАВ Мо-тољикону ўзбекон аз азал ба якдигар дўсту бародар, хешу табор буда, як расму анъана, аќидаи динї, тарзи зиндагї ва њатто услуби либосњои миллї дорем, яз як дарё об менўшем, аз як замин файзу баракат мебардорем. Аз љумла яке аз идњои бузург-Наврўзро бо њам, бо шукўњу шањомати хоса љашн мегирем. Бо азму талош ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Наврўз љањонї шуд, ки ин боиси ифтихори моўзбекзабонон низ мебошад. Яке аз дастовардњои даврони соњибистиќлолии Тољикистон њалли масъалањои дар тўли зиёда аз ду дањсола ба вуљудомадаи сиёсиву иќтисодї ва тиљоратї бо Љумњурии Ўзбекистон мебошад. Аз љумла баъди мулоќоту музокироти дуљониба, сафарњои давлатии роњбарони ду давлат созишномањои шарикии стратегии байни кишварњои бо њам дўсту бародар ба имзо расиданд. Дар натиља рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, шањрвандони њар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд. Маро низ ин имконияти нек насиб гашт ва ба Љумњурии Ўзбекистон, ба дидори хешу табор рафтам. Онњо низ мењмони мо шуда, шукргузорї аз иќдомњои неку савоби муњтарам Эмомалї Рањмон ва Шавкат Мирзиёевро мекардем. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронии худ ба муносибати сафари давлатии Президенти Љумњурии Ўзбекистон муњтарам Шавкат Мирзоев (9 марти соли 2018) аз љумла чунин зикр намуд: «Бисёр

рамзист, ки вохўрии мо дар рўзњои омодагї ба љашни байналмилалии Наврўз - рамзи бедории табиат, оѓози бањор ва соли нави анъанавиамон сурат мегирад. Наврўз љашнест, ки одамон њангоми омодагї ба он хонањо, манзилњо, намуди зоњирии худро ба тартиб дароварда, дилњояшонро аз кинаву адоват тоза мекунанд, аз якдигар омурзиш мепурсанд ва онро њамроњ бо пайвандон, дўстон ва њамсоягони худ бо шодиву сурур ва шукўњу шањомат истиќбол мегиранд. Аз ин рў, мо, муњтарам Шавкат Миромонович, нахустин сафари Шуморо ба Тољикистон ба њайси Сарвари давлати Ўзбекистони бародар њамчун сафари таърихї ва муждаи нави солинавї дар муносибатњои мутаќобилаи дўстонаи халќњоямон арзёбї мукунем». Ман иди Наврўзро дўст медорам. Дар ин рўз мардум, чун анъана, хонаву дар, кўчаю мањаллаи зисташро тозаву озода ва обод менамоянд, ба якдигар дасти дўстї дода, боз наздику ќарин мешаванд, якљоя шодиву хурсандї мекунанд. Дар ин рўзњои Наврўзї мањаллаи худро зебою бањорї, чењрањои кўдакони дўстрўякро хандону шод дида, ќалб ба зиндагї гармтар мешавад ва шукри Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, Истиќлолияти кишвар, сулњу вањдат, фаровониву рушди Тољикистони бињиштосоро мекунам. Њанифахон АЗИЗОВА, сокини дењаи Мирзо Турсунзода, Љамоати дењоти «Заргар»-и ноњияи Кўшониён

ГУЛ АЗ ГУЛПАРВАР МУЊАББАТИ МОДАРОНА МЕХОЊАД Зумрад Њамроќуловаро дар мањаллаи Вањдати шањри Бохтар њамчун гулпарвари моњиру гулдаст мешиносанд. Зумрад мисли дигар гулпарварон аз модару наздиконаш гулпарвариро наомўхтааст. Дар хонаи падар Зумрад духтараки гулнозу гулбоз буд. Њисси зебоипарастї аз хурдї дар ќалби Зумрад љо гирифта буд, аммо волидон ўро њамчун келини оянда тарбият мекарданд ва ба шавќи гулдўстдории ў ањамияте намедоданд. Бо вуљуди ин, ин шавќ дар ќалби ў хомўш нагашт, баръакс, бо њазор орзуву умед тасмим гирифт, зиндагии хешро бо гул зеботар бисозад. Баъди ба шавњар баромаданаш тоќњои тирезањои хонаводаи шавњарро пур аз гулдони анвои мухталифи гул мекард. Бо вуљуди он ки модари чањор фарзанди хурдсолу келини хонавода буд, барои парвариши гулњои хонагї ваќт меёфт. Оњиста-оњиста ишќи гулпарварї дар ќалби Зумрад лона карду барои кумакрасон буданаш дар ќатори шавњар ва соњибмаълумот сохтани се духтараш ба фурўши гулњои хонагї шурўъ кард. Инак, солњост, ки њавлии ў накњати зиёда аз 15 навъи гулњои хушбў мекунад. Гармхонањои ўро танњо гулњои рангоранг пур кардаанд. Дар кори ў келину яккаписар ва шавњараш низ кумакрасон њастанд. Зумрад дар тамоми чорабинињои шањрию вилоятї њамчун гулпарвари собиќадор

Бахшида ба таљлили љашни байналмилалии Наврўз дар маркази вилояти Хатлон - шањри Бохтар бо ташаббуси Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва дастгирии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон «Дави Наврўзї» ва «Марафони велосипедронї» бо иштироки муовинони раиси вилоят, роњбари дасгоњи раиси вилоят, роњбарону кормандони идорањо ва њазорњо сокинони шањри Бохтар аз майдони Исмоили Сомонї оѓоз гардид. Чорабиниро Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон њусни ифтитоњ бахшид. Њамчунин, дар чорабинии мазкур Раљабалї Раљабов, муовини аввали раиси вилояти Хатлон суханронї намуда, аз љумла чунин иброз дошт: “Яке аз суннатњои Наврўзї ин баргузор намудани мусобиќа ва дигар бозињои миллї мебошад. Бо маќсади дар сатњи баланд таљлил гардидани љашни байналмилалии Наврўз, Њукумати мамлакат дар саросари љумњурї баргузории мусобиќаи «Дави Наврўзї» ва «Марафони велосипедронї»-ро эълон намуд, ки ин чорабинї дар

вилоят бо иштироки доираи васеи ањолї баргузор гардид”. “Ин иќдом бо маќсади ташаккули тарзи њаёти солим, рушди соњаи варзиш ва оммавияти он байни ањолї пешнињод гардидааст, ки њамасола бо љалби васеи тамоми ќишрњои љомеа, бахусус наврасону љавонон, ташкил ва баргузор карда мешавад”, - афзуд

дастгоњи раиси вилоят Ѓазалшо Сафарзода ба ѓолибон туњфањои хотиравї супорида шуд. Дар байни духтарон зинаи аввалро Шоира Ќурбонова, дуюмро Њадиса Назарова, сеюмро Ирода Абдуррањмонова ва дар миёни мардон љойи якумро Диловар Азимов, дуюмро Н.Ќаландар, сеюмро Абдусалом Азимов, ишѓол намуданд. Хурдтарин иштирокчї Њикматулло Диќќатов ва аз њама иштирокчии колонсол Раљабалї Худоёрзода љойи

ХУЉАСТАПАЙ АСТ НАВРЎЗ Адабиёту фарњанги бостониву ѓановатманди мардуми мо дар аќсои олам шуњрати беандоза дорад. Бисёр расму оин ва анъанањои ин халќи соњибтамаддун аз умќи таърих реша гирифтааст, ки њар яке бо тинати поку орзуву омол ва њадафњои неку башардўстона тавъаманд. Дар ин миён љашни оламигаштаи Наврўз љойгоњи махсусро дорад ва он чун рўзи оѓози офариниш, рўзи хилќати олам, рўзи пирўзии равшанї бар торикї, рўзи фарљоми сармову даррасидани гармо, рўзи нишоту шодмонї, рўзи паёмовари шукуфої, рўзи бедории табиат, рўзи баршустани кинањо аз ќалбњост. Дар ситоиши Наврўз одамушшуаро Рўдакї, њаким Фирдавсии Тўсї, лисонулѓайб Њофизи Шерозї, њикматсаро Умари Хайём, њамчунин Фаррухию Манучењрї, Њофизу Љомї ашъори баланду ноб гуфтаанду ворисони онњо-адибони тољик Турсунзодаву Лоиќ, Бозору Гулназар, Гулрухсору Шањрия ин анъанаро навпардозона идома бахшидаанд ва, бешак, њадиси Наврўз то оламу одам њаст давом хоњад ёфт. Љашни Наврўз, ки аслан озодагиву ободонї ва бунёдкориро оѓоз мебахшад, дар даврони соњибистиќлолии Тољикистони азиз маъвои нав ёфту вусъати тоза гирифт. Бо ибтикори Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон Наврўз соли 2010 чун љашни

Раљабалї Раљабов. Баъд аз суханронии муовини раиси вилоят чорабинии бошукўњи «Дави Наврўзї» ва «Марафони волесипедронї» оѓоз гардида, љавонону наврасон, духтарону донишљўён ва њатто пиронсолон бо рўњияи болида иштирок намуданд. Дар охир аз љониби роњбари

љањонї (бо ќатъномаи СММ) пазируфта шуд. Ба њукми ќонунї гирифтани ин рўйдоди сурурбахши таърихї Президенти мо бо камоли ифтихор чунин башорат додааст: «Аз љониби Маљмаи умумии Созмони Милали Муттањид ба њайси љашни љањонї пазируфта шудани Наврўз гувоњи он аст, ки њанўз дар замони ќадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олї љашнеро падид оварда буданд, ки паёми вањдату муњаббат, покию садоќат, зебоию нафосат ва бедорию зањмат будааст». Баъди ин диёри арљманди мо чун ватани Наврўз эътироф шуд. Тантанњои наврўзї, ки дар саросари кишвар бошукўњу шањомат мегузараду тайи як њафта дар њар хонадони тољику тољикистонї ид аст, нишонаи он аст, ки ин љашни аљдодї мањз дар сарзамини бињиштосои тољикон шуњратафзо гаштааст. Бо ибтикори Сарвари давлат љашни умумиљумњуриявии ин иди бостонї, њамасола дар ин ё он минтаќаи кишвар мегузарад. Ба ин муносибат, мардум бо њисси ифтихор аз давлату давлатдории навин ба корњои ободонию бунёдкорї машѓул мегардад, анъанањои неки онро тавлид месозад ва дўстию рафоќатро дар байни халќиятњои маскунии кишвар мустањкам менамояд ва бо дили пур аз фарањ њар фарди соњибиќбол мегўяд: Наврўзи љањонигашта муборак бошад! З. ЊУСЕЙНОВ, ноњияи Ёвон

Бањори фархундапай боз ба сарзамини бињиштосои мо ќадами мубораки худро гузошт. Мардуми мењнатќарини ноњияи Восеъ низ чун дигар сокинони кишвар омад-омади Наврўзро бесаброна интизорї мекашид. Бањри истиќболи љашни Наврўз мардуми шарафманди ноњия омодагии комил гирифт.

Сокинони ноњия то љашни Наврўз корњои зиёди ободонию кабудизоркуниро ба анљом расониданд. Њазорњо бех нињоли дарахтони мевадињанда, сояафкану ороишї ва гулу гулбуттањодар канори роњњо, назди корхонаву

НАВРЎЗ-МУБОРАКТАРИН ЉАШНЊОИ МИЛЛИИ ТОЉИКОН Мусо ЃАФУРЗОДА, раиси ноњияи Восеъ муассисањо ва боѓњо шинонда шуд. Аз љумла дар теппаи канори роњи Душанбе-Кўлоб, дењаи Гулистони Љамоати дењоти «Гулистон» боѓи бунёдкардаи Ќањрамони мењнат, Устоди пахтаи љумњурї Миралї Мањмадалиев, ки бо мурури солњо ба азнавсозї эњтиёљ дошт, аз нав таъмиру тармим гардид. Дар теппаи мазкур тавассути њашари умум, иштироки коллективњои коргарони ташкилоту муассисањо дар рўзњои истироњат 2570 бех нињоли дарахтони сояафкану ороишї шинонда, барои обёрии ин мавзеъ низ тадбири амалї андншида шуд. Дар пеш мардуми шарифи љумњуриро як санаи таќдирсоз, љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон интизор аст. Мо бояд бо дастуру нишондодњои Сардори давлат, Пешвои муаззами миллат ба ин муносибат корњои ободонию созандагиро вусъат бахшем. Тавассути масъулин ва гурўњи кории таъсисдодаи маќомоти иљроияи њокимияти

ширкат меварзад. Ў мегўяд, ки гул низ мисли фарзанд аст. Агар ба ў хунукназарї кунию ањамият надињї, зуд хушк мешавад. «Њар як гул њангоми парвариш дар худ хусусияти фарќкунанда дорад. Масалан, гулњое њастанд, ки офтобро кам дўст медоранд. Ба мисоли гули фикус. Ин гул дар љойи торик бештар рушд мекунад. Гули пеларгония (геран-анљибар), палма, шефлер, садбарги хитої, бунафша бошад, мисоли дигар гулњо офтобро бештар дўст медоранд», - афзуд Зумрад. Ин бонуи гулпарвар тавсия медињад, ки ба гулњо дар фасли зимистон њафтае як маротиба об додан кифоя аст, аммо дар фасли тобистон дар ду рўз як маротиба бояд об дод. Имрўз гулњои парваридаи Зумрад тавонистаанд сабаби пеш бурдани рўзгораш шаванд. Њамин аст, ки ў на танњо худаш, балки чандин узви дигари хонаводаашро ба ин кор љалб намуда, соњиби даромади доимї кард. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

фаси гарму форам ва навозиши насими мањин ба дилу дидањо њаловат мебахшад, замин аз хоби ноз бедор мешавад, марди дењќон аз пайи киштукор мешавад, бањри фаровонњосилии сол ба замин донаи умед мепошад. Рўзи Наврўз асту олам сабзазор, Занги дилњо мебарад бўи бањор. Агар дигар иду љашнњо як рўзу ду рўз љашн гирифта шаванд, иди Наврўз то як њафта љашн гирифта мешавад. Дар тўли ин њафта табиат механдад, аз хандаи табиат њама мардум механданд, хурсандї мекунанд, раќсу бозї мекунанд, кадбонувон дастурхони “њафтшин”-у “њафтсин” меороянд, таомњои болаззат тайёр мекунанд, пироњани нав мепўшанд, якдигарро табрик гуфта, ба якдигар бахту саодат хоста, кинаю адоватро аз ќалбњо берун месозанд. Аз ин хотир, агар бо њисси ватандорию инсондўстї њар як рўзи худро ба Наврўз табдил дињем ва дар даврони соњибистиќлолии ватани аљдодї зиндагии шоистаи худро пайдо кунем, халќу ватанро дўст дорем, њамеша бо табъи болида зиндагї хоњем кард. Н. ХИДИРАЛИЕВ, ноњияи Хуросон

давлатии ноњия наќша чорабинї тартиб дода, сохтмону бунёди 230 иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст. Мардуми шарифи ноњия, гурўњи кории таъсисдодаи Њукумати ноњия тањти роњбарии намояндаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Вазири молияи Љумњурии Тољикистон Файзиддин Ќањњорзода як ќатор корњоро ба анљом расониданд. Аз 230 иншооти ба наќшагирифташудаи љашнї соли 2018-ум 25 ададаш мавриди истифодабарї ќарор дода шуд. Рўзи љашни Наврўзи байналмилалї бошад, боз 14 иншооти дигар мавриди бањрабардорї ќарор дода мешавад. Њамзамон корњои ободонию тозакорї ва кабудизоркунї идома дорад. Ањли мењнати ноњия кўшиш бар он доранд, ки корњои созандагию бунёдкориро боз њам вусъат бахшида, љашни 30- солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро бо дастовезњои арзандаи мењнатї истиќбол намоянд.

ИФТИТОЊИ МАРКАЗИ ЊАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО ЉОМЕА ДАР НОЊИЯИ ПАНЉ

ИДИ БАЊОРУ МЕЊНАТ Наврўз иди њамрайиву њамдилї, бањору мењнат, ободию зебої, оѓози соли нав, яъне рўзи нав мебошад, оѓози кишту кор мањсуб меёбад. Асосгузори иди Наврўзро шоњигарии Љамшед нисбат медињанд. Ба Наврўзи Љамшеду љашни Сада, Ки нав гашт оини оташкада. Бо расидани шоми аввали он дар мавзеъњои кушоду васеъ мардум оташ афрўхта, аз болои он пиру љавон мепариданд ва риштаеро аз пироњани худ месўзониданд. Мардум суруду бадењагўйї карда, суруди наврўзї мехонданд. Бо нияти сербориш омадани бањор “Ашагулон” мехонданд. Дар арафаи ин љашни бостонї соњибхонањо ба тоза намудани хонаву дар оро додани манзили зист, хонарўбиву палосафшонї машѓул мешаванд. Мардони дењ мањфилњои хурсандї меороянд, љавонон гўштингириву буљулбозї, тухмбозї карда, давра меороянд, духтарон арѓунчакбозї карда, суруд мехонанд: Наврўз шуду лолаи хушранг баромад, Булбул ба тамошои дафу чанг баромад. Њамаи хурсандињо аз он аст, ки дар фасли бањор кўњу даманро гулњои рангин зеб медињанд, на-

ифтихориро ишѓол намуданд. Ба ѓолибон ифтихорномаи Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят ва туњфањои хотиравї супорида шуд. Инчунин, барои иштирок дар «Марафони велосипедронї» ѓолибон Мањмадулло Лолаев, Алиљон Њакимов, дар байни бонувон Моњираи Худойбердї ва дар байни мардон Бахтиёр Зокиров бо туњфањо ќадрдонї гардиданд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

Дар арафаи љашни Наврўзї маросими кушодашавии Шўрои љамъиятї оид ба мусоидати љомеаи шањрвандї дар таъмини тартиботи љамъиятї дар назди ШВКД дар ноњияи Панљ ва Маркази њамкории милитсия бо љомеа дар Љамоати дењоти ба номи Кабуд Сайфиддинови ноњияи мазкур баргузор гардид. Дар ин чорабинї муовини Вазири корњои дохилии љумњурї генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, раиси ноњияи Панљ Сайфуддинзода Мањмадюнус, њамоњангсози миллї оид ба ислоњоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарњод Алиёр, сардори ШВКД дар ноњияи Панљ полковники милитсия Шамсулло Мањмудзода, намояндаи Сафорати ИМА дар Љумњурии Тољикистон љаноби Љон Доддли, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) ташкилоти љамъиятии «Заршедабону», аъзоёни Шўрои љамъиятї ва ањли љомеа иштирок намуданд. Муовини Вазири корњои дохилї генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом дар хусуси њамкории милитсия бо љомеаи шањрвандї дар самти таъмини тартиботи љамъиятї баромад намуда, зикр кард, ки љињати амалисозии “Стратегияи ислоњоти милитсия барои солњои 2013-2020” ва “Барномаи ислоњоти (рушди) милитсия барои солњои 2014-2020”

маќомоти корњои дохилї ба натиљањои мусбї ноил гардидааст. Имрўзњо бо кўшишу талошњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазири корњои дохилї генерал - полковники милитсия Рањимзода Рамазон Њамро, кишварњои донор ва дигар ташкилотњои байналхалќї раванди ислоњоти милитсия дар Тољикистон бо маром љараён дорад. Таъмини шароити мусоид ба кормандон, техникаву таљњизоти муосир, таъсиси Марказњои њамкории милитсия бо љомеа, Шўроњои љамъиятї ва ворид намудани баъзе дигаргунињо дар сохтори маќомоти корњои дохилї аз зумраи он иќдомоти љадиде мебошанд, ки ба рушди ислоњот мусоидат менамояд. Мавсуф њамчунин доир ба Шўрои љамъиятї оид ба мусоидати љомеаи шањрвандї дар таъмини тартиботи љамъиятї дар назди ШВКД дар ноњияи Панљ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки фаъолияти Шўрои мазкур дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоњоти милитсия равона гардида, бањри таќвият додани механизми њамкории милитсия бо љомеа, ки мањаки асосии ислоњоти милитсия мањсуб меёбад, мусоидат менамояд. Инчунин ќайд карда шуд, ки маќомоти корњои дохилї њамеша омодаи њамкорї бо шањрвандон буда, барои равнаќ додани робита бо онњо тарзу усулњои гуногуни њамкорї бо љомеаро роњандозї менамояд. Дар идомаи чорабинї муовини Вазири корњои дохилї генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом дар Љамоати дењоти ба номи Кабуд Сайфиддинов ШВКД дар ноњияи Панљ бо нозирони минтаќавї ва аъзоёни Шўрои љамъиятї вохўрї намуда, оид ба раванди ислоњоти милитсия ва њамкорињои маќомоти корњои дохилї бо ањолї суњбати озоду самимї доир намуд. Зимни вохўрї зикр карда шуд, ки њадаф аз татбиќи ислоњоти милитсия ин њамкории боз њам наздик бо ањолї, афзудани эътимоду боварии халќ ба ин нињоди калидї, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаљамъона бо љинояткорї мебошад. Гул МАЊБУБА, подполковники милитсия


4

ХАТЛОН

ЧОРШАНБЕ, 20 марти соли 2019, №12 (3197)

Бо чењраи болида Наврўзи куњан омад, Гул дар баѓалаш чида, Наврўзи куњан омад. ЧАКАН Куртачакано, чакан бипўш фахри замон, Бо наќши гулаш фаро бигир рўи љањон. Гўї, ки чакан рамзи бањорон бошад, Як ранги вай аст нишонаи тиру камон. Медон, дило, љањонї шуд наќши чакан, Аз дидани ў шод шавад руњу бадан. Бар њар гули ў агар бо шавќ нигарї, Пеши назарат љило дињад акси чаман. Мо вориси лолазору наќши чаканем, Аз рўзи азал ќавми гулпирањанем. Дар рўи матоъ гул бикашем сурху сафед, Мо бо чакану наќшу гулаш дар суханем. Хушбахт шавад арўсаки куртачакан, Зеро чаканаш шод кунад руњу бадан. Зебад чаканаш бар ваю ў њам ба чакан, Он њарду буванд мисли гулњои чаман. Сабзии Зардии Сурхиш Сабзаш

чакан зи нав бањор аст бидон, чакан аз гули хор аст бидон. яќин лолазор њаст бидон, њаме зи сабзазор аст бидон.

Зебандатарин гул гули шулаш бошад, Дар наќши чакан базебу дилкаш бошад. Булбул, ки њамеша масту шайдои гул аст, Бо накњати гул шоду мушавваш бошад. Њар гул ба чаман зеби замин асту замон, Дар рўи матоъ кашанд варо дасти занон. Бинмоя ба чашми кас чаканпўш љавон, Зебанда бувад мисолаи лоларухон. Тоќии чакан зеби сари мардон аст, Њар тољикро нињоданаш армон аст. Оне ки ба сар нињад варо умри тамом, Бе њељ шаке љисми варо дармон аст. Њар зан, ки ба тан чакан кунад шод шавад, Дунёи дилаш аз фарањ обод шавад. Оне ки бинад наќши чаканро ба чаман, Ѓам аз дили ў буруну барбод шавад. Рамз аст њаме рамзи бањор аст чакан, Рамзи гули сурхи лолазор аст чакан. Рамзи њама гулњои диёр аст чакан, Зеро ки фаќат наќшу нигор аст чакан. Дар фасли бањор булбулон маст шаванд, Бо сабзаву гул ќарину њамдаст шаванд. Њар љо ки бинад зи дурињо шохаи гул, Парвозкунон расида пайванд шаванд. Зебосанамо, зани чакандўз туї, Аз њар дигаре базебу хушрўз туї. Аз он ки чакан кунун бишуд фахри љањон, Бо наќшу гулаш њамеша фирўз туї.

ИЌДОМИ НЕК Ба диёри мо фасли зебои сол-бањор омада, табиатро аз хоб бедор намуд. Дар ин айём замин пероњани сабз ба бар карда, дарахтон ѓарќи гул мешаванд. Дар домани дашту сањро, ёлаву дарањои кўњї гулњои бойчечаку ќоќу аз зери хок берун шуда, аз фарорасии бањори ризќу рўзирасони соли 2019, ки бањори 28-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Тољикистон аст, муждаи нек мерасонанд. Марди дењќон бо нияти фаровонии дастархони мардум ба сањро баромада, ба кори дењќонї оѓоз бахшид.

Яъќуби ЊИКМАТУЛЛО, ноњияи Ховалинг

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

БАЌАЙДГИРИИ СУБЪЕКТИ НАВ ДАР МОИ «ДАНЃАРА»

БОЃИ МУАЛЛИМ БАЊОРРО МЕМОНАД Имрўзњо дар боѓи хољагии «Иброњими Њайбат»-и шањри Бохтар низ корњои нармкунии замин, пайванд ва ба шаклдарории дарахтон оѓоз ёфтааст. Боѓи мазкур бо иќдоми неки омўзгор Ањмад Њайбатов дар 4 гектар бунёд гардидааст. Дар бањорон тамошои боѓ, ки аз дасти 10 аъзои он сабзидаву боровар шудааст, њаловатбахш мебошад. Боѓи дорои 1200 нињоли зардолу, олую себ, бодому олуча дар ин фасли зебої ѓарќи гул шуда, бўйи бањорро ба машом мерасонад. Касби Ањмад аслан омўзгорист. Солњои зиёд ба таълими насли ояндасози ватан шуѓл варзида, онњоро дар рўњияи ватандўстиву ватандорї, худогоњию худшиносї, эњтироми падару модар ва калонсолон тарбия намудааст. Ў ба эљодкорї низ рў оварда, бо навиштањояш насли наврасро ба роњи дурусти зиндагї, касбинтихобкунї, њифзу дўст доштани табиати зебои диёр њидоят менамояд. Бо њамин маќсад соли 2010 маљмўаи таълимиро бо номи “Солимї-ганљи доимї” бо теъдоди 50 њазор адад аз дасти чоп баровард. Он шеъру тарона ва тезгўяку чистонњоро дар бар гирифта, дар макотиби шањру навоњии вилояти Хатлон ва љумњурї њамчун дастури таълимї истифода шудааст. Ба касби боѓпарварї рў овардани муаллим тасодуфї нест. Мурољиатномаи Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба истифо-

даи оќилонаи њар ваљаб замини холї ва бунёди боѓњои нав Ањмад Њайбатовро ба ин самт њидоят намуд. Дар љавоби ин иќдоми неки Сарвари давлат ба корњои нињолшинониву ободонї даст зад. 4 гектар майдони солњои зиёд бекорхобидаву аз таъсири обњои зеризаминї шўрбастаро бо маќсади бунёди боѓ ба уњда гирифт. Аъзои хољагї дастаљамъона ба тахту њамвор кардани замин шурўъ карданд. Соли аввал навнињолони шинонидаи худро сабзонида натавонистанд. Кўшиши онњо самар надод. Обњои зеризаминї дарахтонро яксара хушконд. Вале ин офат иродаи ташаббускоронро шикаста натавонист. Барои рафъи мушкилот, яъне хушконидани обњои зеризаминї ба майдони боѓ беда кишт карданд. Онњо њамон сол њосили хуби беда ба даст гирифта бошанд њам, вале заминро аз об тоза карда натавонистанд. Мутахассисони соњаи кишоварзї роњи ягонаи њалли мушкилотро дар тоза кардани зањбур маънидод намуданд. Барои иљрои ин кор техника ва сўзишворї, яъне маблаѓи зиёд лозим буд. Аммо боѓбони навкор ба мушкилї рў ба рў шуд. Зеро маоши омўзгории Ањмад Њайбатов барои киро кардани техникаю дастрас намудани сўзишворї басанда набуд. Ў барои дарёфти њалли мушкилоташ дари якчанд идорањоро кўфт, мутаассифона, муродаш њосил нашуд. Муаллим таваккал карда, ба-

рои кумак ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар мурољиат намуд. Зеро ин заминњо аллакай аз њисоби ноњияи Кўшониён ба њудуди шањри Бохтар гузашта буд. Дар он љо Ањмадро хуш пазируфтанд. Бо мусоидати маќомот иљроия як тан соњибкори муваффаќ барои тоза намудани зањбури канори замини боѓ техника, сўзишворї ва ќувваи корї људо кард. Бо њамин тўли як сол оби зеризаминии майдони боѓ хушконида шуд. Бале, дасти одамї гул аст ва худи ў гулофар. Дар муддати 6 сол як ќитъаи замини нообод ба боѓистон табдил ёфт. Дар ин замин беш аз 1200 бех нињолони мевадињанда сабзонда шуд. Боз як иќдоми неки Ањмад Њайбатовро ёдовар шудан бамаврид аст. Маъмурияти идораи пиллаи шањр аз боѓдорони њудуди шањр барои рушди кирмакпарварї хоњиши шинондану зиёд кардани дарахти тутро намуд. Ањмад нахустин шуда ин ташаббусро дастгирї кард ва дар гирду атрофи замини боѓ беш аз 200 бех дарахти тут шинонд... Дар ин рўзњои Наврўзї боѓпарварони хољагии “Иброњими Њайбат” серкоранд. Њама аъзои хољагї дастаљамъона ба сањро баромада, ба корњои ободониву нињолшинонї машѓуланд. С. АТТОР

НАВРЎЗИ ГУЛРЕЗУ ГУЛБЕЗ Айёми бањору Наврўз буд. Маро хумори сайри кўњсор гирифт. Субњи содиќ медамид. Сўйи кўњсор роњ пеш гирифтам. Насими форами наврўзї рўйи гулу сабзањои навдамидаро бўсакунон гузашта, ба тану љон њаловат мебахшид. Дасти муъљизакори табиат болои гулу сабзањо дурру марљон пош дода буд. Гулу сабза бо тобишњои рангоранг ба љилва меомаданд. Замин чун чодари њазорранга чашмро мерабуд. Ба дилњо фарањ мебахшид. Гули сиёњгўш бештар худнамої мекард. Пайки бањор ва зебу фарри кўњсорон аст шоњи гулњо, сиёњгўш. Рухаш чун зебодухтарони тољик бо шабнами пагоњї пок шуста. Дилам нашуд, ки аз онњо чида, димоѓамро муаттар кунам. Охир онњо њам, бо як умеде аз дили замин сар бурун кардаанд. Умрашон кўтоњ бошад њам онро дидан мехоњанд. Аз ин сабаб ба зону зада, чанде аз онњоро бўйидам, рўямро ба рухашон молидам . “Ба бањору Наврўзи дигар расам! - «гўён дар дил орзу кардам. Шамси оламафрўз кўњсорро мунаввар намуд. Гўйё мехост дар ин рўзи Наврўз њамаи саховаташро ба замин пошад. Љўйчаи кўњї сар ба сангњо зада, шитобон ба водї љорї буд. Мехост, ки њар чї зудтар ба дарё њамроњ гардад. Дар он дасту рў шуста, ноне, ки бо худ тўша гирифта будам, дар обаш тар карда, бо иштињои том хўрдам. Чї лаззати гуворое дорад, нони дар оби чашмаи кўњсор таркарда! Лаззати ягон таомро бо лаззати он ќиёс карда наметавонам. Роњ мерафтам. Ба љойи дўстдоштаам - домани кўњистони нозанин расидам. Худ зодаи кўњсорам, аз ин рў, њар хору санг, гулу гиёњ, дарахту арчаву зарангаш, обњои мусаффо ва њар буттааш бароям шиносу чун љон азиз аст. Болои харсанге нишаста, Наврўзи оламафрўзро он љо пешвоз гирифтам. Табиат њам саросар Наврўзро истиќбол мегирифт. Пойандози махмалини сабзи гулдор ба пешвозаш густурда. Хониши форами булбулакон, суруди шўхи обшорон, хишир-хишири шохсорон дар кўњсор танинан-

доз аст. Ин навоњо, гўё, як симфонияи табиат дар кўњсори Тољикистон буд. Аз вазиши насими љонбахши Наврўзї гулу сабза якљоя бо шоху барги дарахту буттањо хаму рост шуда, алвонљ мехўрданд. Онњо гўйё рўйи сањни кўњсорон якљоя мераќсиданд. Ќалби ман њам аз шодию фарањ мераќсид, хаёлам тамоми вуљудам мераќсид. Наврўзу бањор ба њар ќатра хунам омезиш ёфта, љону танамро наврўзистон мегардонанд. Мафтун ва саргарми тамошои кўњсори бињиштосо гаштам. Дасти муъљизакори табиат кўњсори кишварамро чунин зебо офаридааст. Аз тамошои талу теппањои нозанини гулу сабзапўши ин сарзамин чашми серї надоштанд. «Чашми ман серї надорад аз тамошои замин», -гуфтан шоири ватандўст Мирзо Турсунзода њаќ будааст. Э кош, ин рўзи Наврўзу бањор чун моњу сол дароз мебуданд, то хумор аз тамошояш мешикастам. Боз меоянд Наврўзу бањори бешумор. Шояд хуморам аз тамошои Наврўзу бањор шиканад, аммо њељ гоњ аз тамошои кўњсори ватанам сер нахоњам шуд. Охир аз тамошои ин олами гулрезу гулбез, Наврўзи хуљаста-арўси сол, аз ин љаннати рўйи замин – Тољикистон чашму дил магар сер мешавад?! Магар хумор мешиканад? Њаргиз! Дидам мурѓони хушхони дар нулашон хасаке парвозкунон аз болои сарам мегузаштанд. Бањри лонасозї ташвиш доранд. Ѓизолон дар камари кўњ дар даву тозанд. Дар осмони мусаффо уќобон парвоз мекарданд. Болои санге кабки маст ќањ-ќања мезад, садои найи чўпоне форам ба гўш мерасид. Мафтуни хониши гўшнавози кабк ва садои дилнавози найи чўпон шудам. Дар куљо будани худро тамоман фаромўш карда мондам. Боридани ќатрањои борон маро ба худ овард. Ба само нигаристам, абрпорае дар бањри беканори осмон дар шино буд. Абрњо гўё бо ќатрањои борон замини ватанро шодоб мекарданд. Исмоил ЉАБИНЗОДА, ноњияи Муъминобод

МУСОБИЌОТИ ВАРЗИШЇ ДАР АРАФАИ ЉАШН

Зебосанамо, зани њунарманд туї, Бо ањли њунар ќарину пайванд туї. Њар зан зи њунар шарику бархурдор аст, Дар бахши чакан зиёда дањчанд туї. Зебосанамо, анису зардўз туї, Бар ањли њунар мунису дилсўз туї. Њар љо зи њунар агар равад њарфу сухан, То вирди забони њама њар рўз туї.

Ба пешвози 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

Дар арафаи иди Наврўз бо ташаббуси Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноњияи Вахш мусобиќаи интихобии вилоятї оид ба таэквондо ВТФ ва дар ноњияи А. Љомї мусобиќа оид ба гўштини дзю-до байни наврасон баргузор карда шуд.

Њадаф аз баргузории ин мусобиќаи варзишї бо шукўњу шањомати хоса истиќбол гирифтани љашни Наврўзи байналмилалї, љалб намудани сокинони вилоят ба варзиш, баланд бардоштани мањорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби вилоят «Хатлон-1» аз намудњои мазкур мебошад. Мусобиќањо дар сатњи баланд баргузор гардида, дар онњо беш аз 320 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Ѓолибону љоизадорон бо диплому медалњо ва туњфањои хотиравї сафароз гардонида шуданд. Ба ин муносибат гузаронидани мусобиќањо аз рўйи дигар намудњои варзиш низ ба наќша гирифта шудааст. Б. БОБОЕВ, сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

Дар Минтаќаи озоди иќтисодии (МОИ) «Данѓара» субъекти нав ба ќайд гирифта шуд. Дар ин бора дар маъмурияти МОИ «Данѓара» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, сармоягузорони чинї дар ин МОИ ширкати наверо, ки хизматрасонии логистикї, яъне њамлу наќли борњоро анљом медињад, сабтином кардаанд. Сармоягузорон ваъда кардаанд, ки ба татбиќи ин лоиња 5 миллион доллари амрикої ихтисос медињанд. Ќобили зикр аст, ки соли 2018 дар МОИ «Данѓара» 6 субъекти нав ба ќайд гирифта шуд, ки онњо дар самти истењсоли маводи доруворї, кошин, таљњизоти электрикї, пакет ё борљомањои полиэтиленї, масолењи сохтмонї ва пешнињоди хизматрасонии интернет-сервис фаъолият мебаранд. Дар маљмўъ, феълан дар њудуди минтаќаи мазкур 27 субъект ба ќайд гирифта шуда, 7 корхонаи саноатї ба истењсоли мањсулот машѓуланд. Ба љуз ин, маъмурияти минтаќа дархости диркатњои дигарро, ки мехоњанд дар њудуди МОИ «Данѓара» ба фаъолияти истењсоли пардозанд, мавриди баррасї ќарор додааст. Носирљон МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»

ЊАМАДОНЇ. АВЛАВИЯТ БА БУНЁДИ КОРЊОИ СОЗАНДАГЇ Дар доираи омодагињо ба таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї бунёду таъмири 181 иншооти таъйиноташон гуногун ба наќша гирифта шудааст. Зимни тасдиќи ин хабар Ш. Латифї, мудири бахши меъморї ва шањрсозии ноњия, гуфт: “Соли 2018 дар ноњия 12 иншоот мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Азнавсозии бинои шуъбаи таваллудхонаи дењаи Мењнатобод, корхонаи истењсоли халтањои полиэтиленї аз тарафи соњибкорони мањаллї, толори варзишї ва майдончаи варзишї дар назди мактаби варзишии ноњия, 12 синфхонаи иловагї дар назди МТМУ №30-и дењаи Мењрвар аз њисоби буљети мањаллї, бинои маъмурии шабакањои барќи ноњия бо маблаѓгузории ЉСК “Шабакањои барќи минтаќаи Кўлоб”, ќубури оби нўшокї дар масофаи 1,2 км дар дењаи Чорбоѓи Љамоати дењоти “Панљоб” бо маблаѓгузории сармояи хориљї, маљмааи Нишон ва Парчами Љумњурии Тољикистон дар назди бинои маќомоти

иљроияи њокимияти давлатии ноњия аз њисоби буљети мањаллї аз љумлаи корњои анљомёфта мебошанд”. Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми соли 2019 бунёду азнавсозии 78 иншоот дар назар дошта аст. Айни њол сохтмони бинои муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №43 дар дењаи Њуснобод, таъмири асосии шуъбаи љарроњии беморхонаи марказиву КАТС-и ноњия, бунёди майдончањои варзишї дар љамоатњои дењоти “Панљоб”, “Мењнатобод”, “Ќањрамон”, бунёди корхонаи истењсоли хишти сементї дар дењаи Обшорон, корхонаи парандапарварї дар Љамоати дењоти ба номи С.Турдиев, азнавсозии роњи автомобилгарди Љамоати дењоти “Мењнатобод”, шинонидани зеристгоњи барќї дар мањаллаи навбунёди Љамоати дењоти “Чубек” оѓоз гардида, аксари онњо дар арафаи љашни Наврўзи байналмилалї мавриди бањрабардорї ќарор дода мешаванд.

БУНЁДУ НАВСОЗИИ 294 ИНШООТ ПЕШБИНЇ ШУДААСТ Дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Кўлоб имсол таъмиру бунёди 294 иншооти таъиноташон гуногун ба наќша гирифта шудааст. Тавре ки аз бахши матбуотии шањри Кўлоб иттилоъ доданд, ба роњбарони гурўњњои кории шањру дењот дастур дода шудааст, ки наќшањои ангоравии иншоотњоро тањия ва пешнињод созанд. Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа, роњбари гурўњи кории љумњуриявї Абдуљаббор Рањмонзода барои муташаккилона роњандозї намудани корњо, бунёду таъмири 108 иншоот дар соли 2018 ба раиси шањри Кўлоб ва гурўњњои кори шањру дењот миннатдорї баён намуд.

ВОСЕЪ. ИФТИТОЊИ 230 ИНШООТ БА ИСТИЌБОЛИ ЉАШН Дар ноњияи Восеъ сохтмони беш аз 230 иншооти соњањои гуногун ба наќша гирифта шудааст, ки дар соли 2018-ум 25 адади он мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Тибќи иттилои Отебек Муќумов, мудири бахши меъморї ва шањрсозии ноњия, дар соли 2019-ум бунёди 73 иншооти дигар дар назар аст. Њамаи ин корњои созандагиву бунёдкорї дар доираи омодагињо ба пешвози љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сурат мегиранд. Бино ба иттилои Отабек Муќумов, корњои сохтмонї дар Ќасри фарњанг барои 500 љойи

нишаст, 10 синфхона дар муассисаи таълимии №53 дар Љамоати шањраки “Њулбук” барои 240 љойи нишаст, бинои чорошёнаи корхонаи адрасу атласбофї барои 150 љойи корї, боѓчаи замонавии кўдакона барои 210 тарбиятгиранда, маркази хизматрасонї ва истењсоли хиштњои сементї бо 10 љойи корї, корхонаи тайёр намудани дару тирезањои пластикї бо 5 љойи корї, МТМУ №6 барои 240 хонанда бомаром идома дошта, тибќи наќша, дар соли 2019-ум ба истифода супорида мешаванд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

АЗНАВСОЗИИ БОЃИ ФАРЊАНГЇ - ФАРОЃАТЇ Бо дастуру њидоятњои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон боѓи марказии фарњангї - фароѓатии шањри Кўлоб пурра азнавсозї мешавад. Зимни суњбат љонишини директори боѓи номбурда Шокиров Саидкарим иброз дошт, ки тибќи наќша боѓ бо тарњи наву замонавї, иборат аз гулу гулгаштњо, роњњои васеи бо тахтасангњо ороишёфта, кофетерияњо, майдончањои сайругашти кўдакон зиёда аз 17 намуди арѓунчакњо ва майдончањои дилхушї барои кўдакон, як майдончаи варзиш ва як майдончаи варзишї барои бозии теннис азнавсозї мешавад. Фармоишгари асосии он ширкати ватании «Талко» ба шумор рафта, њаљми умумии маблаѓи људошуда таќрибан 5 миллион сомониро дар бар мегирад. Инчунин дар боѓи мазкур як тарабхонаи боњашамат бо тамоми шароитњои мизољќабулкунї аз љониби соњибкори ватанї сохта хоњад шуд. Боѓи номбурда бояд то таљлил аз љашни Истиќлолияти давлатї сохта ба истифода дода шавад. Ширинљон САФАРЗОДА

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Дипломи гумшудаи силсила ДТК №0065600 , ки онро соли 2012 коллељи тиббии шањри Бохтар (собиќ омўзишгоњи тиббии шањри Ќўрѓонтеппа) ба Саидов Исматулло Бозорович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №0026355, ки онро соли 2003 МТМУ №9-и шањри Бохтар ба Раќибов Дилшод Валиевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ронандагии №213946, гурўњи 1, дараљаи «С», ки онро соли 2012 мактаби ронандагии ТЉММ-и шањри Бохтар ба Бегов Сорбонхуља додааст, эътибор надорад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Комрони БАХТИЁР

Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

Рўзнома дар чопхонаи «Мега-Принт»-и ш. Душанбе ба табъ расидааст. Ба чопаш 19.03.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 9000 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №12-2019 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu