ХАТЛОН
БАНЇ-ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №6 (3143)
панљшанбе, 15 феврали соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ЊУНАРМАНДИ ХАТЛОН
Дирўз, 14 феврал, дар маркази маъмурии вилоят нахустфоруми занони њунарманди Хатлон тањти унвони “Наќши занон дар рушди њунарњои миллї” доир гардид. Форуми мазкур, ки аз се ќисмат иборат буд, бо конференсияи “Сањми занон дар густариши њунарњои мардумї” тањти раёсати муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода оѓоз гардид. Махфират Хидирзода зимни ироаи сухани ифтитоњияш таъкид намуд, ки масъалаи эњё ва рушди њунарњои мардумї мавриди таваљљуњи доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дошта, дар ин самт тадбирњои муњим андешида шуда истодаанд. Роњбари давлат бо маќсади тараќќї додани соњаи туризм, муаррифии шоистаи имкониятњои сайёњии мамлакат ва фарњанги миллї дар арсаи байналмилалї, инчунин љалби сармоя ба инфрасохтори сайёњї пешнињод намуданд, ки соли 2018 “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон гардад. - Ин иќдоми шоистаи Роњбари давлат ба ањли њунармандон, онњое, ки бо мањсули дастранљи хеш зебої меофаранд ва њамагонро бори дигар аз таъриху тамаддун ва њунари волои ниёгонамон огоњ месозанд, рўњу илњоми тоза бахшид, - идома дод муовини раиси вилоят М. Хидирзода. - Дар вилояти Хатлон, хушбахтона, њунармандони зиёде умр ба сар мебаранд, ки бо њунари зебои хеш натанњо дар вилоят, балки дар ќаламрави љумњурї ва хориљ аз кишвар њаводорони хешро пайдо намудаанд. Чакандўзї, заргарї, кулолгарї, табаќтарошї, адрасу атласбофї ва рангуборкунии матоъњо, намадрезї, гилембофї, ќуроќдўзї ва ѓайра амсоли ин њунарњои мардумист. Ба таъкиди М. Хидирзода, сайёњї ва њунармандї ба њам пайвастагї доранд. Мањсулоти њунарњои дастї асосан ба мењмонон, бахусус сайёњони хориљї нигаронида шудааст. Бо назардошти ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олї истењсоли мањсулоти њунармандї дар хона ва фурўши онњоро аз андозњо озод намуданд. Ин тадбир нињоят муњим буда, имкон медињад, ки љойњои нави корї таъсис дода шаванд ва њунарњои мардумї аз нав эњё гарданд. Аз тарафи дигар, бо роњандозї намудани имтиёзи мазкур арзиши аслии мањсулоти њунарњои дастї паст карда шуда, ќобилияти раќобатпазирии он устувор мегардад. Ин имкон медињад, ки мањсулоти њунарњои дастї њарчи бештар ба бозорњои љањонї ва намоишгоњњои байналмилалї пешнињод карда шуда, њунармандон даромаднокии худро бењтару хубтар намоянд. Муовини раиси вилоят ќайд намуд, ки њунар як рукни фарњанги миллї аст. «Њунарро бењуда «чашмаи зоянда ва давлати поянда» нагуфтаанд. Дар ин сол њар шахсе, ки камтарин њунар дорад, метавонад муаррифї кунад, онро сайќал дињад, эљодкорї намояд. Мутмаинам, ки Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї боиси кашфу муаррифии бештари чењрањои ноаёни њунар хоњад гашт. Маќсад аз баргузории ин Форум низ пайдо кардани занњои њунарманд ва мусоидат намудан ба муаррифию сайќали њунари шумост, бонувони муњтарам. Ин форум њамчун платформаи доимоамалкунанда барои намоиши њунар ва табодули назару таљрибаи бонувони њунарманд дар оянда низ хизмат хоњад кард», - иброз дошт М. Хидирзода. Маърўзањое, ки дар конференсия пешкаш гардиданд, њам љанбаи илмї ва њам амалї доштанд. Амир Сайиди Мункї, сарвари осорхонаи таърихї-кишваршиносии ноњияи Ховалинг дар мавзўи «Эњёи њунарњои мардумї» сухан гуфта, аз љумла зикр намуд, ки њар гўшаву канори Хатлони бостонї ёдгорињои ќадимаи фарњангї дорад. Хатлонзамин бо навъњои зиёди њунарњои мардумї ва ойину суннатњои деринаш маъруфу машњур аст. А. Мункї ба унвони далел мисол овард, ки дар замони пеш дењаву мањаллањо бо
њунармандонаш муаррифї шуда, дења ё мањаллаи Кулолгарон, Сабадбофон, Заргарон, Собунпазон, Табаќсозон, Намадрезон, Кафшдўзон, Ќаламзанон номида мешуданд. Ин аз он дарак медињад, ки њунар њамеша дар рушд буд. Бунафша Мирзоева, саромўзгори Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, иброз дошт, ки сањми оилањо дар тарбияи мењнатї ва касбомўзии
љавонон, мутаассифона, чандон назаррас нест. «Имрўз љавондухтарони мо кўшиши аз худ кардани њунарњои хонагиро кам доранд, бештар шавќу завќашон ба љињози гаронбањою тайёр аст. Зиёда аз сад номгўйи таомњои миллиро зикр кардан мумкин аст, аммо афсўс, ки бисёрашонро њифз накардем ва тадриљан аз байн рафтаанд», - афзуд ў. Бунафша Мирзоева аз посдории њунар ва аз худ кардани њунари меросии дусадсолаи хеш ќисса кард ва гуфт, ки то имрўз куртаи чакани 135-соларо, ки аз момокалонаш боќї мондааст, дар хонааш нигоњ медорад. Нотиќ љавондухтаронро ба он даъват намуд, ки дар баробари илм омўхтан њунарњои ќадимии занонаро низ аз худ кунанд. Кенљамоњ Маљидова, муовини раиси шањри Кўлоб, оид ба фарќияти гулдўзї дар минтаќањои гуногуни Тољикистон сухан гуфт. Вай афзуд, ки аввалин наќшњои чакан, ки таърихи чандсадсола дорад, дар ноњияи Фархор дарёфт шудааст. Њусния Шоинова, бонуи њунарманд аз Ќўрѓонтеппа, дар мавзўи њунари заргарї, ки аз падар ба ў мерос монда, то имрўз онро идома медињад, сухан гуфт. Аввалин намояндаи сулолаи ин хонаводаи заргарон њанўз дар замони њокимияти Амир Олимхон ба ин навъи њунар пардохтааст. Борњо аъзои ин оила бо муаррифии мањсули њунари хеш дар хориљи кишвар номи Тољикистонро баланд бардоштаанд ва имрўз тањти роњбарии Њусния Шоинова коргоњи заргарии «Марямбї» дар шањри Ќўрѓонтеппа кору фаъолият мекунад. Дар идомаи конференсия Гулбарг Боќиева, роњбари ЉДММ «Маркази њунаромўзї»-и шањри Ќўрѓонтеппа, дар мавзўи «Рушди њунари чакандўзї» суханронї намуд. Вай ќайд кард, ки чакан кайњонро ба замин пайваст мекунад. Яъне офтобу моњтоб, ситорањо рўйи замин наќшофарї мешаванд. Аввалин бор наќши чакан рўйи замин, баъдан санг ва офтобањо кашида шудааст. Пас, аз анљоми ќисмати аввали Форум дар Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Ќўрѓонтеппа намоиши њунарњои мардумї аз љониби занони њунарманди шањру навоњии вилоят баргузор гардид. Шурўъ аз даромадгоњи театр мањсули эъљозкории
бонувони њунарманди хатлонї касро ба олами афсонавї, зебоињои табиат, ќуллањои нуќрафом, шаршарањои мусаффо роњнамун месохт. Бонувони њунарманди 25 шањру навоњии вилоят эъљози њунари хешро ба маъраз гузоштанд. Кашидадўзињои пурнаќшу нигор, гулдўзињои монанд ба бањор, атласу адрасњои гуногун бо духтарони паричењраи хатлонї намои театри вилоятиро ба Наврўзи оламафрўз шабоњат медод. Њунари дастони бонувон моро боз ба сўйи Наврўзи хуљастапай роњнамун сохт. Дар њар ќадам њунари волои мардумї касро љониби хеш љалб менамуд. Куртањои бо тарњи наву њозиразамон, бо истифода аз наќшњои миллї тањияшуда низ бисёр диданї буданд. Заргарон низ њунари хешро ба маърази тамошо гузошта, бори дигар собит менамуданд, ки пешаи заргарї низ сањл нест. Аз инсон сабру тањаммул, диду назари эљодкориро таќозо мекунад. Кўзањои бо мањорати хоса эњёгардида бинандаро вориди ашъори нотакрори ниёгон, бахусус Умари Хаём, менамуд: Ин кўза чу ман ошиќи зоре будаст, Дар банди сари зулфи нигоре будаст. Ин даста, ки дар гардани вай мебинї, Дастест, ки бар гардани ёре будаст. Атласу адрас ба чашми бинанда мисли товусњои хушхиром бол меафшонданд. Дар њаќиќат, эњёи њунарњои миллї, ки бо сиёсати хирадмандонаи Роњбари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон рўйи кор омад, бори дигар собит сохт, ки мардуми тамаддунофари мо дорои мероси фарњангии ѓайримоддии бузург ба шумор меравад. Баъди дидан намудан аз намоиши њунарњои мардумї, раиси вилояти Хатлон, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода ба ќисмати дуюми чорабинї оѓоз бахшид. Зимни суханронї роњбари
вилоят њозиринро бо баргузории Форуми якуми занони њунарманди вилоят табрик гуфта, ёдовар гардид, ки мероси фарњангии ѓайримоддии халќи тољик дар шаклу намудњои гуногун эљод шуда, дар љомеа сањм гузошта, то ба имрўз ба мо расидааст. - Гарчанде ки баъзе унсурњои фарњангї, аз ќабили коѓазгарї, шишасозї, сўзангарї бо таъсири омилњои мухталиф аз байн рафтаанд, вале имрўз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њунарњои мардумї аз нав эњё гардида рў ба тараќќї нињодааст, - таъкид дошт Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни суханронї. - Њанўз санаи 17 августи соли 2010 Љумњурии
ѓайримоддии ЮНЕСКО пешнињод шудааст. Тавре ки зимни суханронї Давлатшоњ Гулмањмадзода таъкид дошт, бо шарофати соњибистиќлол гардидани Тољикистон масъалањои худшиносии миллї, фарњанги ниёгон, рисолати давлатдорї, шањрдорї ва шањрсозї, суннатњои таърихї ва санъати амалии халќї, хусусан заргарї ва чакандўзї, эњё ва рушд ёфт. Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон оид ба зарурати омўзиши мероси таърихии халќи тољик ќайд менамояд: “Яке аз сарчашмањои худшиносии миллї, ки решањои шукуфони маънавию фарњангии халќи моро шодоб мегардонад, ин мероси таърихї, бо мањфуми васеаш, хотираи таърихї мебошад, ки дар дастовардњои фарњангии илмї, дар хираду заковати давлатдорї ва њашамату бузургии рўњи гузаштагонамон инъикос ёфтааст. Бе такя ба ин гузаштаи пурмазмун мо дар њељ соњае ба пешравї ноил гардида наметавонем”. Тавре ки дар љамъомад зикр гардид, дар вилоят бо маќсади ба шуѓл фаро гирифтани занону духтарон Маркази таълими калонсолони Тољикистон таъсис ёфта, филиалњои он дар шањру ноњияњо фаъолият намуда истодаанд. Ин марказњо аз рўйи ихтисосњои асосњои омўзиши компютерї, дўзандагї, ќолинбофї, муњосибї ба шањрвандон касб меомўзонанд. Дар шањру ноњияњои вилоят беш аз 150 адад дастгоњњои адрасбофї, 30 адад дастгоњи атласбофї насб гардида, то ин муддат беш аз 1500 нафар занону духтарони хонашин тариќи ройгон касбу њунарро аз худ намуда, фаъолият доранд. Њамчунин бо маќсади эњё намудани њунарњои мардумї аз љониби маќомотњои мањаллии Агентии мењнат ва шуѓли ањолї барои дар хона омўзондани њунарњои атласу адрасбофї, гулдўзї, зарбофї, сўзанї, ќуроќдўзї, љомадўзї, сабадбофї, заргарї, дўзандагї, рўзгордорї ва дигар њунарњои косибї курсњо ташкил шуда, 4474 нафар духтарону занони хонашин соњиби шањодатнома гардиданд. Љињати баланд бардоштани сатњи маърифати занон ва рушди фаъолияти соњибкории онњо пайваста чорабинињо доир гардида, гранти раиси вилояти Хатлон њамасола дар њаљми 250 њазор сомонї људо шудааст. Танњо тайи солњои 2016-2017 зиёда аз 40 нафар занону бонувон соњиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксарияти лоињањо ба самти фаъолияти њунарњои мардумї, аз ќабили таъсиси коргоњњои чакандўзї, дўзандагї, атласу адрасбофї, гулдонбофї, хўрокњои миллї ва ѓайрањо равона гардидааст. Пас аз суханронии раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода, маросими таќдими сипоснома ва туњфањои хотиравї ба ѓолибони озмуни “Соњибкори муваффаќи сол” барпо шуд. Ќисмати сеюми Форуми бонувони њунарманди Хатлон, ки аз барномаи фарњангї тањти унвони “Тараннуми њунар” иборат буд, ин чорабиниро боз њам љолибу хотирмон намуд. Аз намоиши намунањои њунарњои мардумї ва суњбату маърўзањое, ки дар доираи аввалин Форуми занони њунарманди вилояти Хатлон баргузор шуд, бармеояд, ки њар як њунари зебои миллати мо достонњое дорад. Ваќте инсон мисоли њунарњои абрешимбофї, адрасбофї, атласбофї, алочабофї, арѓушт, баќќолї, беќасаббофї, гачкорї, гањворасозї, гулдўзї, гулобкашї, гўшворасозї, дуредгарї, заргарї, зардўзї, зулфорої, ислимї, калобаресї, канаббофї,
и з Ў и р з Ў 7 р 7 Н О Л Т О А Л Х Т А Х НАМОИШИ ЊУНАРЊОИ МАРДУМЇ ДАР ЌЎРЃОНТЕППА
Дар сањни «Кохи Лоњутї»-и маркази маъмурии вилоят намоиши мањсули дастранљи њунармандони шањри Ќўрѓонтеппа баргузор гардид. Дар ин чорабинї, ки ба муносибати Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї ороста шуд, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ширкат варзид.
Дар намоишгоњ зиёда аз 200 намуди њунарњои мардумї ба маъраз гузошта шуда, инчунин, гўшаи сайёњии шањр љойњои диданї, таърихї, фароѓатї, тамошобоб ва истироњатии Ќўрѓонтеппаро муаррифї мекард. М. Хидирзода ба мањсули кори заргарон, кандакорон, ќуроќдўзон, гулдўзон бањои баланд дод. Дар ќисмати фарњангии ин чорабинї намоиши либосњои миллии бо тарњи муосир тањиягашта низ барпо шуд.
МАКТАБ БО ОБ ТАЪМИН МЕШАВАД Маљлиси намояндагони Тољикистон Созишномаи кумак барои амалисозии лоињаи бо об таъмин кардани мактаб дар ноњияи Данѓараро ба тасвиб расонд. Дар доираи татбиќи созишномаи мазкур Чин барои таъмини мактаби тањсилоти умумии раќами 42-и дењаи Њусейншайхи Љамоати дењоти Корези ноњияи Данѓара ба маблаѓи 12,5 миллион юан, муодил ба 17,3 миллион сомонї кумаки техникї мерасонад. Дар бунёди обанбор ва нуќтањои обрасонї, ки масофаи 5 километрро ташкил медињад, алњол 25 коргари мањаллї ва 7
нафар мутахассисони чинї фаъолият менамоянд. Интизор меравад, ки лоињаи мазкур то охири моњи августи имсол ба анљом расонида шавад. Ёдрас мекунем, ки таълимгоњи мазкур моњи марти соли 2014 барои 640 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда, дар маросими ифтитоњи он Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ширкат намуданд.
ТАЪМИНИ БОНУВОНИ ДЕЊОТ БО ЉОЙИ КОР Маркази идораи лоињаи «Рушди чорводорї ва чарогоњњо» 780 нафар занони дењотро дар самти чорводорї, занбўрпарварї, коркарди шир ва пашм дастгирї ва ба шуѓли мењнатї фаро гирифт. Ба иттилои директори ин марказ Саъдї Каримзода, яке аз самтњои афзалиятноки татбиќи лоиња дастгирии занони дењот ва бо љойи кор таъмин намудани онњо буда, дар ин самт 250 оила дар маљмўъ бо 5000 сар мурѓ бо захираи семоња таъмин карда шуданд. «450 зан аз оилањои ниёзманд бо 2250 сар бузу гўсфанд ва хўроки зимистона барои чорво таъмин гардиданд. Дар маљмўъ дар доираи татбиќи лоињањои давлатии сармоягузорї дар ноњияњои зерњадаф - Темурмалик, Шамсиддини Шоњин, Муъминобод, Балљувон ва Ховалинг зиёда аз 1000 љойи кори доимї таъсис дода шудааст», - илова намуд Саъдї Каримзода.
ИЌДОМИ СОЊИБКОРОН БАРОИ ТАЪМИРИ РОЊЊО Барои таъмиру нигоњдории роњњои мањаллї дар ноњияи Ќубодиён дар зарфи як соли охир беш аз ним миллион сомонї масраф гардидааст. Ба иттилои Зафар Файзуллозода, раиси ноњияи Ќубодиён, соли 2017 аз тарафи муассисаи нигоњдории давлатии роњњои автомобилгарди ноњия ба маблаѓи 509 њазор сомонї корњои таъмиру нигоњдории роњњо ба анљом расонида шуд. “Ба љуз ин, дар љамоатњои шањраку дењоти “Ќубодиён”, “Тахти Сангин” ва “Носири Хусрав” аз њисоби
соњибкорон ва сањми ањолї ба маблаѓи 515 њазор сомонї ба масофаи 12,6 км роњњои автомобилгарди њудуди ноњия таъмиру шаѓалпўш, 3,2 км таъмири асосї, 12 км роњ таъмири љорї карда шуда, як адад пул ба дарозии 18 метр сохта ба истифода дода шудааст”, - зикр кард З. Файзуллозода.
«АСОСЊОИ ШАТРАНЉ»-РО ДАР МАКТАБЊО МЕОМЎЗАНД Аз соли нави тањсил дар муассисањои таълимии миёнаи умумии љумњурї дарси “Асосњои шатранљ” љорї карда мешавад. Дар ин бора вазири маориф ва илми Тољикистон Нуриддин Саид дар нишасти матбуотиаш хабар додааст. Ба ќавли вазир, аллакай барномаи таълимї оид ба омўзиши шоњмот барои мактабњо тањия гардида, як ќисми китобњои дарсии “Асосњои шатранљ” ба чоп расидааст. “Соатњои дарсии «Асосњои шатранљ» аз њисоби соатњои тарбиявї, тарбияи љисмонї ва машѓулиятњои факултативї гузаронида мешавад”, -гуфтааст Н. Саид. Ёдрас мекунем, ки дар бораи зарурати ба барномаи таълимї ворид намудани омўзиши шоњмот Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон 30 августи соли 2017 таъкид карда буданд.
2161 СОМОНЇ - ХАРЉИ МИЁНАИ ЯК ТЎЙ Давоми соли 2017 дар ноњияи Носири Хусрав 917 тўю маърака гузаронида шуда, ба њисоби миёна дар њар як маросим 2161 сомонї масраф гардидааст. Нуриддин Садриддинзода, раиси ноњияи Носири Хусрав, бо ироаи ин хабар гуфт, ки аз љумлаи тўйњои домодию арўсї ва хатнасур базми хонаободии се љуфти нављавонон аз оилањои камбизоат, инчунин 26 тўйи суннатии фарзандони оилањои ниёзманд, ятимон ва бепарасторон ба таври дастаљамъона гузаронида шуда-
аст. “Дар 917 маърака љамъан як миллиону 982 њазору 470 сомонї сарф ва дар он 617 сар чорвои хурд забњ гардидааст”, - зикр кард раиси ноњия ва афзуд, ки соли гузашта 4 њолати вайрон кардани талаботи ќонуни танзим ба ќайд гирифта шуда, аз омилонаш ба маблаѓи умумии 14 њазор сомонї љарима ситонида шудааст.
АРМУЃОН АЗ МАМНУЪГОЊИ «ЊУЛБУК» Бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї ва бо маќсади љалби бештари диќќати сайёњон дар Мамнуъгоњи таърихию фарњангии «Њулбук» маѓозаи «Армуѓон» кушода шуд. Аз ин пас њар як сайёњ имкон дорад, ки њамчун армуѓон аз «Њулбук» туњфае бо худ барад. Аз мамнуъгоњи мазкур хабар доданд, ки њоло гурўњи занони гулдаст дар ин љо ба њунармандї љалб гардидаанд. Онњо намунањои гуногуни наќшдўзї, чакандўзї, ќуроќдўзї ва дигар намуди сўзанињоро пешкаши сайёњон менамоянд. Ќобили зикр аст, ки Мамнуъгоњи таърихию фарњангии «Њулбук», воќеъ дар ноњияи Восеъ, дорои осорхона буда, соли гузашта 2761 нафар сайёњон аз ин мавзеъ дидан карданд.
МУЪМИНОБОД. СОЊИБКАСБ ШУДАНИ 220 НАФАР Тайи як сол дар ноњияи Муъминобод 220 нафар ба омўзиши касбу ихтисосњои мутобиќ ба бозори мењнат, аз он љумла дўзандагї, атласу адрасбофї, боѓпарварї, занбўриасалпарварї, кафшергари барќї, заргарию чўбтарошї ва бофандагї љалб гардида, ба онњо шањодатномањои касбї дода шуд. Ба иттилои сардори шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолии ноњияи Муъминобод Абдуќаюм Исуфов, соли 2017 њамчунин 42 нафар шањрвандони маъюб бо љойи кори доимї таъмин гардида, 414 нафар шањрвандони аз хизмати аскарї баргашта ва аз муассисањои ислоњї озодшуда
ба маблаѓи 56 њазору 400 сомонї кумакпулї дарёфт карданд. “Аз 1003 нафар мурољиаткунандагон ба шуъбаи агентї 396 нафари онњоро занон ташкил медоданд. Њамчунин соли гузашта 45 нафар занони корљўи ноњия ба кори доимї роњхат гирифтанд», - иброз дошт А. Исуфов.
«ПАНЉШЕР» БАР «ИСТАРАВШАН» ДАСТБОЛО ШУД Тољикистон узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба њифзи мероси фарњанги ѓайримоддї гашт. Ќабули барномаи њифзи мероси фарњангии ѓайримоддии халќи тољик барои солњои 2013-2020 имкон фароњам меоварад, ки тамоми пањлуњои њунарњои мардумї аз нав омўзиш, њифзу эњё ва дастгириву густариш ёбад. Зимни суханронї роњбари вилоят аз он изњори хушнудї намуд, ки ду номинатсияи дигар - мусиќии суннатии тољикон “Фалак” ва санъати чакандўзї дар Тољикистон барои сабт ва фењристи мероси фарњангии
кандакорї, кафшдўзї, кордсозї, кулолї, ќолинбофї, ќуроќдўзї, мисгарї, наќќошї, оњангарї, паловпазї, пўстиндўзї, сабадбофї, созтарошї, суманакпазї, сўзанидўзї, табаќтарошї, хотамкорї, њалвогарї, чўянгарї, љомадўзї, љўроббофї, шишагарї ва ѓайрањоро мебинад, беихтиёр ба ин андеша меояд, ки тамоми њунарњои мардумї ойинаи бозгўяндаи рўзгори тољиконанд. ВАХШОНА, И. ЊАНГОМА, “Хатлон”
12 феврал дар варзишгоњи марказии шањри Њисор бозии гурўњии даври сеюми Љоми ФФТ байни дастањои футболи «Панљшер»-и ноњияи Љалолиддини Балхї ва «Истаравшан»-и шањри Истаравшан баргузор шуд. Тавре аз Федератсияи футболи Тољикистон иттилоъ доданд, бозї байни дастањо љолиб сурат гирифта, бо њисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони дастаи «Панљшер»-и Љалолиддини Балхї хотима ёфт. Баъди ин пирўзї шогирдони Алиёр Ашўрмамадов ба даври нимфиналии Љоми ФФТ роњ ёфтанд. Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Панљшер»-и Љалолиддини Балхї дар бозии ќаблиаш барои дарёфти Љоми ФФТ бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо њисоби 4:2 ѓолиб омада буд. Масъули гўша М. НОСИРЉОН
2
ХАТЛОН
панљшанбе, 15 феврали соли 2018, №6 (3143)
Љ. Балхї: содироти беш аз 4005 тонна мањсулот ба хориљи кишвар
Конференсияи илмї
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ЉОМЕА «Љомеае, ки ба зан-модар ѓамхорї менамояд, ба ояндаи худаш ѓамхорї мекунад». Эмомалї Рањмон
Оре, зан-модар ќувваи тавоноест. Бунёдгузор ва њаётбахши зиндагист. Ў на танњо дар љодаи бардавомии њаёт сањми бузург дорад, балки дар раванди зиндагї, тарбия, ташаккули инсоният, пешрафту тараќќиёти иќтисодию иљтимоии љомеа њиссагузор аст. Имрўз зан-модар роњбар, иќтисодчї, коргару дењќон, омўзгор, духтур, олима ва хуллас, дар њар як бахши зиндагї сањм мегирад. Ин аст, ки давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон, бахусус Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба ќувваи зан- модар дар пешрафти љомеа боварии комил дошта, бањри фароњам овардани шароити зарурии таълиму кор, зиндагии онњо тамоми тадбирњоро меандешанд. Аз љумла, баъди соњибистиќлол гардидани љумњуриамон, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои занон имкониятњои зиёд фароњам оварда, чи дар кору фаъолият ва чи бахши роњбарї, имтиёзњои бештар дода шуданд. Яъне, мартабаи занон дар љомеа хеле баланд бардошта шуд, ки имрўз ин аз назари њамабин пинњон намондааст. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила, Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњ Рўдакї нисбати занони соњибилм, яъне олимњои вилоят кори хайреро роњандозї намуданд. Бо ташаббуси нињодњои
номбурда, дар Донишгоњи давлатии Кўлоб конференсияи илмї-назариявї дар мавзўи «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба Рўзи умумиљањонии занон дар соњаи илм баргузор гардид. Дар кори конференсия муовини раиси вилояти Хатлон доктори илми фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Рањимзода, ректори Донишгоњи давлатии Кўлоб, узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Абдулло Њабибулло ширкат намуданд. Дар конференсия муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират баромад намуда, дар бораи сањми занон дар рушду тараќќиёт, пешрафти љомеа, таълиму тарбия сухан ронда, афзуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ва њокимияти давлатии вилоят нисбати занон, кору фаъолияти онњо эътибори хоса дода мешавад. Ин аст, ки онњо ба вазифањои масъул пешбарї карда шуда, дастгирї мегарданд. Њамчунин дар конференсия сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят Раъно Рањимзода, ректори донишгоњи давлатии Кўлоб Абдулло Њабибулло, шоир Хосият Вализода баромад намуда, оид ба маќому мартабаи зан ибрози назар намуданд. Ба кори конференсия 79 маърўзаю баромадњои илмии занони олими донишгоњу донишкадањои вилояти Хатлон барои баррасї пешнињод гардида буд. Бо маќсади омўзиши маърўзањо конференсия кори худро дар се бахш- филология ва методика, иќтисодї, технологияи иттилоотї, табиї ва тиббї, бахши таъриху сиёсатшиносї идома дод. Баъдан иштирокдорони њар се бахш љамъ омада, натиљаи фаъолияти кори бахшњоро љамъбаст намуданд. Муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират дар поёни конференсия баромад намуда, ба иштирокдорони конференсия изњори миннатдорї баён намуд.
ЉАЙЊУН: музди миёнаи мењнат афзуд Раиси ноњияи Љайњун зимни нишасти матбуотї доир ба нишондињандањои иќтисодї ва иљтимоии ноњия дар соли сипаригардида изњор дошт, ки музди миёнаи мењнат нисбати соли пешин 118 сомонї афзоиш ёфтааст. Њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба 108548,6 њазор сомонї расидааст, ки дар ќиёс ба соли ќаблї 20044,5 сомонї зиёд аст. Дар давраи њисоботї истењсоли мањсулот, аз љумла нахи пахта, чигит, орд, нону мањсулоти нонї ва битум афзоиш ёфт. Гарчанде 37166,2 њазор сомонї фондњои асосї аз худ шуда бошанд њам, вале муассисањои тањсилоти њамагонї ва бунёди корхонањои иќоматї, корњои сохтмонї ва васлгарї нисбати соли пешин дастовардњо нисбатан кам ба чашм мерасад. Кишоварзони ноњияи Љайњун дар истењсоли мањсулоти хушсифат ба дастовардњои мењнатї ноил гардида, њаљми умумии мањсулотро дар њамаи шаклњои хољагидорї ба 740657,6 њазор сомонї расонидаанд, ки нисбати соли пешин 92563, 2 њазор сомонї зиёд аст. Дар самти
БОХТАР: 2844 љойи нави корї
Н. САФАРЗОДА
ЯХОБМОНИИ БЕШ АЗ 121 ЊАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН ДАР ВИЛОЯТ Боришоти барфи рўзњои охири моњи январ дењќонону боѓпарваронро рўњбаланд гардонид, зеро онњо дар чунин рўзњо аз барф низ самаранок истифода карда, майдонњои боѓу токзор ва кишти зироатњои худро яхоб монданд. Бањри иљрои дастуру супоришњои Президенти кишвар бо тавсияву маслињати олимону мутахассисони соња дар самти обмонии захиравї ва яхобмонии заминњои кишоварзї хољагидорону масъулини соња тараддуди бештар дошта, бањри дар муњлатњои лозима таъмин намудани заминњои кишоварзї бо оби захиравї ва яхобмонї аз имкониятњои мављуда истифода бурда истодаанд. Ин аст, ки кишоварзони вилояти Хатлон, тибќи иттилои сардори шуъбаи истифодабарии оби идораи
бењдошти замин ва обёрї дар вилояти Хатлон Шањбоз Камолов, то имрўз 121 њазору 503 гектар замини обиро аз яхобмонї бароварданд. Ба гуфтаи ў, дар вилоят маљмўан 338 њазору 560 гектар заминњои обї ба ќайд гирифта шудааст, ки аз он 226 њазору 978 гектараш заминњои корами обї мебошад. Ва 85 њазору 646 гектар тавассути пойгоњњои обкаш ба об таъмин мегардад. Вобаста ба иќлими Љумњурии Тољикистон олимони соња тавсия медињанд, ки таъмин намудани намнокии заминњои киштшаванда, яхобмонї дар боѓу токзорњо ва кишти дигар зироатњо дар ин мавсим аз бисёр љињат муфид буда, њамчунин барои рўёнидани њосили бештар мусоидат менамояд.
ИСТЕЊСОЛИ ЛИМЎ БАРЗИЁД ИЉРО ГАРДИД 4 њазору 188 тонна мањсулоти ситрусї дар њудуди вилояти Хатлон аз њисоби њамаи шаклњои хољагидорї дар соли 2017 истењсол гардида, ба бозорњои љумњурї ва берун аз он содирот шудааст. Бояд гуфт, ки ин нишондод дар соли 2016-ум 3 њазору 944 тоннаро ташкил медињад. Бино ба иттилои Азамљон Алиќулов, сардори Раёсати кишоварзї, њифзи муњити зисти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, лимўпарварони ноњияи Љайњун аз рўйи истењсолу нигоњубин ва парвариши лимў дар љойи аввал ќарор дошта, ноњияњои Љалолиддини Балхї ва Бохтар љойи дуюму сеюмро касб мекунанд. Ба хотири нишон додани таљрибаи лимўпарварони ноњияи Љайњун ва муваффаќ гаштани онњо дар ин самт, барои хонандаи азиз дар зер перомуни яке аз бењтарин лимўпарвари ноњия маълумот меорем: Дарвоќеъ, иќлим ва њавои ноњияи Љайњун барои нигоњубин ва
парвариши дарахти лимў мусоид буда, аксарияти сокинон ба парвариши ин навъи мањсулот шуѓл доранд ва то љое њам дар ин самт муваффаќ гаштаанд. -Дар ноњияи Љайњун имрўз дар майдони беш аз 105 гектар гармхонањо дар њама бахшњои хољагидорї фаъолият мекунанд,мегўяд Нуралї Валиев, сардори Раёсати кишоварзии ноњияи Љайњун. -Соли 2017 кишоварзони ноњия аз ин миќдор гармхонањо 3 њазору 35 тонна лимў истењсол намуданд, ки ин раќам дар соли 2016-ум 3 њазору 15 тоннаро ташкил медод. Аз ин
миќдор мањсулоти ситрусие, ки дар ноњия истењсол шуда буд, зиёда аз 645 тонааш берун аз марзи љумњурї содирот ва боќимонда ба бозорњои кишвар бароварда шуд. Бояд гуфт, ки сол то сол талаботи сокинони мамлакат ва хориљи кишвар ба меваи ситрусї, аз љумла лимў афзудааст. Ба ин хотир, лимўпарварони љайњунї шумораи гармхона ва парвариши лимўро дар ноњия зиёд намуда истодаанд. Абдуррањим Тоњиров аз зумраи он нафаронест, ки имрўз дар бахши лимўпарварї дар ноњияи Љайњун муваффаќ гашта, беш аз 24 соли умри пурбаракати худро ба нигоњубин ва парвариши он сарф намудааст. Ў зода ва иќоматкунандаи Љамоати дењоти «Панљ»-и ноњияи Љайњун буда, дар майдони 75 сотиќ 6 гармхонаи дорои 440 бех нињоли лимўю афлесунро дорад. Лимўпарварони љайњунї маќсад доранд, ки парвариш ва њосилбандии нињолњои лимўро хуб ба роњ монда, дар оянда низ шумораи гармхонањоро зиёд намоянд.
-Соли 2017 2844 адад љойњои нави корї таъсис ёфта, њаљми умумии истењсоли мањсулот 1 миллиарду 165 миллиону 790 њазор сомониро дар бар гирифт, - ироа дошт раиси ноњияи Бохтар Љаббори Ѓаффор зимни нишасти хабариаш бо кормандони ВАО. Љињати иљрои дастуру супоришњои Сарвари давлат бобати таъсиси корхонањои саноатї соли сипаригашта 64 адад биною иншоот, коргоњњои хурду калони саноатї, нуќтањои хизматию маишї ба наќша гирифта, сохтмони онњо оѓоз ёфт. То давраи њисоботї 10 адади он мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Тавре ки таъкид гардид, соњаи кишоварзї омили асосии таъминкунандаи амнияти озуќаворї, манбаи таъмини корхонањои коркарди саноатї ба ашёи хом, бахши ташаккулдињандаи содирот ба хориљи кишвар ба шумор рафта, масъулину сокинони ноњия дар ин самт ба дастовардњои зиёд ноил гаштаанд. Заркорони ноњия соли 2017 дар майдони 11481 га замин пунбадона кишт намуда, 26 њазору 208 тонна пахта истењсол карданд,
Бино ба иттилои Ќиматулло Рањмонов, мудири бахши саноат ва сохтмони ноњияи Ёвон, саноатчиёни ноњия аз њамаи имкониятњои барояшон мављуда фаровон истифода бурда, барои дар амал тадбиќ намудани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон корњои муайянеро ба сомон расонидаанд. Ин аст, ки аксари корхонаву коргоњњои саноатии ноњия давоми соли 2017 нисбат ба соли пор фаъолияти худро бењтару хубтар ба роњ монда, њаљми истењсоли мањсулотро ба 1 млрд 322 млн 722,5 њазор сомонї расониданд, ки ин дар ќиёс бо њамин давраи соли сипаригардида 473 млн 695,1 њазор сомонї зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки тавассути баланд бардоштани самаранокии соњаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истењсоли мањсулоти ватанї, таљдиди воситањои асосї,
воридоти технологияњои инноватсионї ва таќвияти раќобатпазирии мањсулот якчанд корхонањои саноатии ноњия дар бозорњои хориљи кишвар мизољони худро пайдо карданд. Яке аз чунин корхонањои саноатї ЉДММ «Вањдат»-и ноњияи Ёвон мебошад, ки бо ворид намудани дастгоњњои пешрафта истењсоли намудњои гуногуни љўробро ба роњ монданд. Давоми соли 2017ум 2 млн. 716,4 њазор љуфт љўроб истењсол карда, баробари таъмини бозорњои дохилї њамзамон ба хориљи кишвар, бахусус Русия ва Ќазоќистон мањсулоти худро содирот намудааст. Ќ. Рањмонов мегўяд, ки агар дар соли 2016 маљмўи мањсулотњои саноатии содиротшуда дар ноњия 87,9 млн сомониро ташкил медод, соли 2017 ин раќам ба 280 млн 697 њазор сомонї расонида шуд. Маврид ба ёдоварист, ки айни њол дар миќёси ноњияи Ёвон маљмўан 37 корхонаи саноатї фаъолият доранд. Ният аст, ки теъдоди корхонањои саноатиро дар солњои оянда бештар карда, ба сокинони ноњия љойњои нави корї таъмин намоянд. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»
МИНБАЪД РЎЗЊОИ ШАНБЕ МАШЌИ ПАГОЊИРЎЗЇ гузаронида мешавад
Бо ташаббуси Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шањру ноњияњои вилоят минбаъд њар њафта рўзњои шанбе машќњои дастаљамъонаи пагоњирўзї доир мегардад.
Бино ба иттилои Бењрўз Бобоев, сармутахассиси Бахши варзиши Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон, рўзи 10 феврали соли равон дар хиёбону боѓњои шањру ноњияњои вилоят машќњои пагоњирўзї баргузор шудааст. - Дар шањру ноњияњои вилоят беш аз 2770 нафар сокинон, ки аз ин шумора 548 нафарро бо-
нувон ташкил медињанд, ширкат варзиданд, -зикр кард Б. Бобоев. –Инчунин, дар маркази вилоят шањри Ќўрѓонтеппа рўзи шанбе бо љалби беш аз 500 нафар машќњои пагоњирўзї баргузор гардид. “Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд низ бањри тарѓибу ташвиќи тарзи њаёти солим аз имкониятњо самаранок истифода намуда, тадбирњо меандешад”, - афзуд Б. Бобоев. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
ки 108 фоизи дурнаморо дар бар мегирад. Ислоњот дар соњаи кишоварзї имкон дод, ки дењќонон бо азми дучанд зањмат кашида, дар таъмини амнияти озуќаворї заминаи мусоид фароњам оваранд. Маљмўи мањсулоти кишоварзї дар соли 2017 ба 941 миллиону 406 њазор сомонї расид. Барои таъмир ва нигоњдории роњњои автомобилгарди ањамияти љумњуриявї ва мањаллидошта аз љониби Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон 467 њазор сомонї ва аз њисоби буљети мањаллї 180 њазор сомонї маблаѓ људо гардидааст. Маориф соњаи калидии сиёсати давлатдории Тољикистон башумор меравад, таъкид рафт дар нишаст. Маорифчиёни ноњия соли гузаштаро бо натиљањои назаррас љамъбаст намуданд. Дар сафари кории Роњбари давлат ба ноњия, ифтитоњи муассисањои таълимии тозабунёд омўзгорону хонандагонро рўњбаланд гардонид. Аз 3313 нафар хатмкунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии ноњия 2236 нафари онњо ба муассисањои тањсилоти олї, миёна ва ибтидоии касбии љумњурї ва хориљи кишвар дохил гардиданд. Дар ноњия як варзишгоњи марказї, 47 майдонча, 46 толори варзишї дар заминаи муассисањои таълимї, 6 толори варзишї дар њудуди љамоатњо ва 2 њавзи шиноварї мавриди истифода ќарор дорад. Варзишгарони ноњия дар мусобиќањои байналмилалї, љумњуриявї ва вилоятї ширкат варзида, соњиби 76 медали тилло, 57 медали нуќра ва 56 медали биринљї гаштанд, ки ин нисбати соли гузашта 116 адад зиёд мебошад.
ПАНЉ:соњибкорї рушд меёбад
ИСТЕЊСОЛИ зиёда АЗ 2 МЛН ЉўРОБ ДАР ЯК СОЛ Ёвон дар миќёси мамлакат калонтарин ноњияи саноатї ба шумор рафта, сол то сол аз њисоби коркарди корхонањои саноатиаш њаљми истењсоли мањсулотро дар љумњурї афзун гардонидааст.
растанипарварї ва чорводорї низ пешравињо ба назар мерасад. Истењсоли ѓалладона, сабзавот, полезї, зироатњои хољагии ќишлоќ, пахта, меваљот ва ангур низ ба маротиб афзудааст. Тавре ки равшан гардид, аз 11 корхонаи саноатї 2-тоаш аз фаъолият бозмондаанд. Рўзноманигорон атрофи масоили вобаста ба соњањои иќтисодию иљтимоии ноњия ба раиси ноњия суолњо дода, посух гирифтанд.
Наќшаи даромади буљети ноњияи Панљ дар соли 2017-ум 100,2 фисад таъмин гардид, ки нисбати соли 2016-ум 3,7 миллион сомонї зиёд мебошад. Чуноне ки аз њисоботи раиси ноњия М. Сайфиддинзода равшан гардид, дар миќёси ноњия 6080 адад субъектњои соњибкории фаъолияткунанда ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбати соли пешин 53 адад зиёд мебошад. Аз љониби бонкњои давлатию тиљоратї ва ташкилотњои хурди ќарздињї 22,9 миллион сомонї барои фаъолияти соњибкорони ноњия равона гардидааст. Чуноне ки раиси ноњия таъкид дошт, айни замон 7 лоињаи давлатии сармоягузорї ба маблаѓи умумии 23,2 миллион доллари амрикої амалї гашта истодааст. Њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї дар њамаи бахшњо ба 503,8 миллион сомонї расонида шуд. Дењќонон дар майдони 187,13 гектар кишти зироатњои кишоварзї гузарониданд. Истењсоли ѓалла, лўбиёгињо, пахта, полезї, картошка, сабзавот аз 10,8 то се фоизї афзоиш ёфтааст. Истењсоли пахтаро низ ба 12634 тонна расонидаанд, ки нисбати соли пешин 2,1 баробар зиёд мебошад. Чуноне ки дар нишасти матбуотї таъкид гардид,
содироти мањсулоти кишоварзї низ 103 фисади дурнаморо дар бар мегирад. Бањри дар амал татбиќ гардидани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон бобати тараќќї додани соњаи боѓдорї дар ноњия корњои муайяне ба сомон расонида шудааст. Тибќи дурнамо кишоварзони ноњия дар майдони 93 гектар боѓи нав ва 2 гектар боѓи интенсивї бунёд карданд. Њамчунин, дар ноњия бањри ривољи соњаи ситруспарварї низ заминањои мусоид фароњам оварда шудааст. Айни замон 5 гектар лимўзор мављуд аст, ки њосили дилхоњ ба бор овардааст. Соњибкори мањаллї Хуршед Ќодиров бунёди гармхонањоро барои парвариши замбўрўѓ ва сабзавоти барваќтї дар майдони 6 гектар ба уњда гирифтааст. Айни замон дар майдони 1,2 гектар замин сохтмонро пурра ба анљом расонидааст. Њамзамон соњибкори номбурда, бо маќсади коркарди нињоии мањсулоти истењсолшаванда ният дорад, ки коргоњи консервабарорї ва сардхонаро барои нигоњдории 1,500 њазор тонна мањсулот бунёд намояд. Њамин тавр, раиси ноњия нисбати дастовардњои соњаи саноат ва энергетика, сохтмон ва меъморї, наќлиёт, барќ, хизматрасонии коммуналї, обтаъминкунї, суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї ибрози назар намуд. Кормандони расонањои хабарї нисбати масъалањои вобаста ба соњаи маориф ва илм, тандурустї ва њифзи иљтимої, фарњанг, суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, танзими анъана ва љашну маросимњо ва ѓайра суолњо дода, посухњои ќаноатбахш гирифтанд.
Тавре ки раиси ноњияи Љалолиддини Балхї Убайдулло Файзулло зимни нишасти матбуотї иброз дошт, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия бањри бартараф намудани камбудињои љойдошта дар соли 2017 наќша-чорабинињо тањия карда, барои ислоњи сариваќтии онњо тадбирњои мушаххас меандешанд. Љињати барњам додани баќияпулињои андоз ва андози иљтимої дар ин давра як ќатор тадбирњо андешида шуда, ба 248 нафар шахсони воќеї, роњбарони ташкилоту муассисањо, роњбарони хољагињо, соњибкорони инфиродї ва шахсони њуќуќї дар асоси Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 212494 сомонї санадњо тартиб дода, аз њисоби ин ба буљаи мањаллї 189954 сомонї ворид гардидааст. Њамчунин, дар ин давра ба андозсупорандагони ќарздор 914 огоњинома ба маблаѓи 8 миллиону 68 њазор сомонї фиристода шуда, дар асоси он 6 миллиону 506 њазор сомонї маблаѓ ворид шуд. Чуноне ки зимни нишасти матбуотї маълум шуд, дурнамои содироти мањсулоти кишоварзии ноњия ба хориљи кишвар барзиёд таъмин ва 4005,7 тонна мањсулоти аълосифат ба хориљи кишвар содирот гардид. Дар соли 2017 ба шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї 1867 нафар шањрвандони бекор мурољиат намуданд, ки аз ин њисоб 653 нафар њамчун корљўй ба ќайд гирифта шуда, 856 нафар ба љойи кори доимї таъмин гардиданд, ки 218 нафарро занон ташкил медињанд. Тайи соли сипаригардида дар ноњия 623 љойи нави кории доимї, муваќќатї ва мавсимї таъсис дода шудааст. Дар давраи њисоботї суѓуртаи њатмї 101,3 фоиз ва суѓуртаи ихтиёрї дар ноњия 111,6 фисад таъмин гардида, соли гузашта 169538 сомонї љамъоварї гардидааст. Идораи суѓуртаи ноњия ба як муассисаи наќлиётї, 4 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї ва ба 72 нафар шањрвандоне, ки хонањои
иќоматиашон аз офатњои табиї зарар дидаанд, кумаки молиявї расонидааст. Зимни нишасти матбуотї доир ба соњаи кишоварзї низ ибрози назар намуда, таъкид гардид, ки њаљми умумии мањсулоти кишварзї дар сектори љамъиятї ва хољагидорї 777 миллиону 366,7 њазор сомониро дар бар гирифт, ки нисбати соли пешин њаљми мањсулоти кишоварзї ба маблаѓи 48 миллион сомонї зиёд гардидааст. Њамчунин, зимни нишаст рўзноманигорон атрофи вазъи бењдошти замин ва обёрии мошинии ноњия, чорводорї, боѓу токпарварї, нафаќа, заминсозї, муњољирати мењнатї, бонкњо, соњибкорї ва сармоягузорї, сохтмону саноат маълумот гирифтанд. Тавре ки таъкид гардид, соли 2017 дар ноњияи Љалолиддини Балхї 28 корхонаи саноатї фаъолият намуда, аз љумла 4011,4 тонна нахи пахта, 5143 дона либосњои мактабї, 489,6 тонна равѓани растанї, 14449,2 тонна орд, 2538,3 тонна нон ва мањсулоти нонї, 1068,8 тонна хишти сементї, 2346 дона хишти хом истењсол намуданд. Корхонањои саноатии ноњия дар давоми соли 2017 дар њаљми 134 миллиону 855 сомонї мањсулот истењсол намуданд, ки ин нисбати соли пешин 13 миллион сомонї зиёд аст. Ташкилотњои сохтмонии ноњия ба маблаѓи 11 миллиону 604,3 њазор сомонї корњои сохтмонию васлкуниро анљом додаанд.
Вахш: ќарздорї аз музди мењнат мављуд нест
Чуноне ки раиси ноњияи Вахш Азизулло Шарбатулло дар нишасти матбуотї иттилоъ дод, љамъоварии андозњои мањаллї сад фисад таъмин гашта, ба буља беш аз 28 миллион сомонї ворид гардидааст. Дар ноњияи Вахш таъсиси љойњои нави корї ба 1791 расидааст. Музди миёнаи мењнат дар ноњия 735,75 сомониро дар бар мегирад, ки нисбати соли гузашта 124 62 сомонї зиёд мебошад. Дар ноњия ќарздории музди мењнат мављуд нест. Аз љониби бонкњои ноњия ба соњањои хољагии халќ 36,5 миллион сомонї ќарзњои бонкї равона шудааст, ки нисбати соли пешин 6,3 миллион сомонї зиёд мебошад. Тавре ки иттилоъ дода шуд, љињати рушди соњаи кишоварзї ва чорводорї низ зањматкашони ноњия ба дастовардњои баланд ноил гардиданд. Онњо њаљми мањсулоти умумии кишоварзиро ба 779,2 миллион сомонї расонидаанд. Истењсоли пахта низ 21 њазор тоннаро дар бар мегирад. Барои беталаф баровардани чорво аз мавсими сармо 32348 тонна хўроки дурушт ва 1660 тонна хўроки ширадор захира шудааст, ки нисбати соли гузашта зиёд мебошад. Бањри дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Пешвои миллат љињати бунёдкориву созандагї дар ноњия як
ќатор корњо ба сомон расонида шудааст. Дар ин давра маблаѓгузории асосї аз њамаи манбањо ба 16,5 миллион сомонї ва корњои сохтмону васлкунї ба 14,4 миллион сомонї расид. Раиси ноњия таъкид дошт, ки дар ин давра 6 иншоот мавриди бањрабардорї ќарор дода шуда, сохтмонї 4 иншоот идома дорад. Бахшида ба Соли љавонон эълон гардидани соли 2017 аз тарафи соњибкорони мањаллї 4 майдончаи варзишї сохта ба истифода дода шуд. Тавре ки Шарбатулло Азизулло иброз дошт, њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба 145,6 миллион сомонї расидааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 52 њазор сомонї зиёд аст. Бо дастгирии соњибкорони ноњия ба маблаѓи зиёда аз 1 миллион сомонї корњои ободонию сохтмонї ба анљом расонида шуд. Тибќи хулосаи Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон соли сипаригардида 1150 нафар хатмкунандагони муассисањои таълимии ноњия сазовори номи донишљў гардиданд. Бахшида ба Соли љавонон эълон гардидани соли 2017-ум 85 чорабинии варзишиву фарњангї, беш аз 200 мулоќоту вохўрињо доир гардидаанд. Теъдоди умумии майдончањои варзишї аз 65 ба 75 адад расид. Натиљаи ин буд, ки варзишгарони ноњия давоми соли љорї дар мусобиќањои варзишї ширкат варзида, сазовори 36 медал, аз љумла 10 медали тилло гардиданд. Кормандони васоити ахбори омма доир ба дигар масъалањои марбут ба соњањои хољагии халќи ноњия, аз љумла фаъолияти фабрикањои парандапарварї, вазъи кўпруку роњњои мањаллї, фаъолияти муассисањои тандурустї ва ѓайрањо суол дода, аз љониби раиси ноњия посухњои ќаноатбахш гирифтанд. ВАХШОНА, “Хатлон”
Дар ДЭТ 16,2%-и ОМЎЗГОРОН УНВОНИ ИЛМї ДОранд Дар айни замон масъалаи таъмини донишкада бо устодони соњибихтисоси унвондор яке аз масълањои муњиму њалталаб мебошад. Ин масъала, махсусан барои фанњои тахассусии соњаи энергетика ба таври љиддї мушоњида мешавад. Хайрулло Назарзода, ректори Донишкадаи энергетикии Тољикистон, зимни ироаи ин хабар дар нишасти матбуотї гуфт, ки барои њалли масъалаи мазкур омўзгорони ботаљрибаю унвондор аз Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М.С. Осимї, Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав, Хадамоти давлатии назорат дар соњаи энергетикаи минтаќаи Ќўрѓонтеппаи вилояти Хатлон, «Шабакањои барќи љануб»-и вилояти Хатлон ва ЉСШК «Трансформатор»-и шањри Ќўрѓонтеппа љалб карда шудаанд. Зикр гардид, ки дар донишкада 148 нафар омўзгорон, аз он љумла 96 нафар омўзгорони штатї, 24 нафар њамкорони дохила ва 28 нафар њамкорони беруна, аз он 19 нафар номзадони илм ва 5 нафар доктори илм дар 6 кафедра кор карда, аз рўйи 12 ихтисос ба шогирдон дарс мегўянд. - Бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати энергетика ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон омўзгорони љавони донишкада барои тањсил ба аспиран-
тураи муассисањои таълимии хориљи кишвар фиристода шудаанд, - зикр намуд Х. Назарзода. Ба ќавли манбаъ, дар хориљи кишвар тавассути квотаи байналмилалии президентии «Дурахшандагон» 2 нафар, квотаи Федератсияи Россия 2 нафар, буљаи Федератсияи Россия 11 нафар, аз маблаѓњои махсуси донишкада 3 нафар ва аз дигар сарчашмањо 3 нафар дар шуъбањои аспирантура тањсил доранд. Њамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2017-ум 2 нафар унвонљўён марњилаи пешаздифоиро дар Донишгоњи давлатии тиљоратии Тољикистон ва Донишгоњи славянии Тољикистону Россия ба анљом расонида, рисолањои номзадияшон дар арафаи њимоя мебошанд. Фаромўз БОБОЕВ, «Хатлон»
А. ИСМОИЛЗОДА: «ЌЎРЃОНТЕППАРО ГУЛИСТОН МЕКУНЕМ»
САФИ ДОНИШЉЎЁНИ АЪЛОХОН БЕШТАР МЕШАВАД
Бузургтарин дастоварди коллељи тиббии шањри Ќўрѓонтеппа дар соли 2017 ба истифода додани бинои нави таълимї мебошад. Дар ин бора Аскар Нуриддинов, директори коллељи тиббї, зимни нишасти матбуотї иттилоъ дод. Зикр гардид, ки бинои мазкур аз суратњисоби махсуси коллељ сохта шуда, туњфаи арзанда бахшида ба 20-солагии Вањдати миллї ва соли нави тањсил аст. Бинои таълимї аз 3 ошёна ва тањхона иборат буда, дорои 3 синфхонаи лексионї, 2
синфхонаи компютерї ва бойгонї, њуљраи маъмурї, маљлисгоњ барои 200 нафар, 1 синфхонаи лингафонї барои гузаронидани машѓулиятњои информатика ва толори варзишї мебошад. Ба иттилои А. Нуриддинов баъди ба истифода додани бинои нав дарсњо дар 9 кафедраи коллељ ба тариќи лексия гузаронда мешаванд. Синфхонањои лексионї бо тахтаи электронї таъмин буда, бо хатти интернет пайваст аст. Ба ќавли манбаъ, дар коллељи тиббї 4 нафар номзадњои илм ба донишљуён дарс мегўянд. Њамчунин, дар коллељ 8 нафар омўзгорон дорои унвони Аълочии соњаи тандурустї ва 6 нафар дорои унвони Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мебошанд. - Дар коллељ китобхонаи электронї фаъолият менамояд, ки дар он беш аз 16800 адад китобњои дарсї мављуд мебошад, - зикр намуд Аскар Нуриддинов. Ф.ДАВЛАТ, «Хатлон»
СЎХТОР АЗ БЕМАСЪУЛИЯТЇ САР МЕЗАНАД Аз тарафи кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар соли 2017-ум 392 њодисаи нохуши сўхтор ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 21 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 308 њодиса дар хонањои истиќоматии шањрвандон ва биноњои ёрирасони мањали зисти сокинон ба амал омадааст. Бино ба иттилои С. Султонов, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон Дар натиљаи андешидани чорањои сариваќтї њангоми сўхторњои рухдода 30 нафар аз коми оташ наљот дода шуданд. Инчунин, њангоми сўхторњои рухдода 5 нафар сокинони шањри Кўлоб ва ноњияи Ёвон љароњати гуногун бардоштанд ва 4 нафар шањрвандони ноњияњои Ќубодиён, Љ. Балхї ва Шањритўс фавтиданд. Барои бемасъулиятї зоњир намудан нисбати вайронкунандагони ќоидањои бехатарї аз сўхтор аз тарафи нозирону муњандисони НДБС-и шањру ноњияњои вилоят 12 њазору 230 адад протоколњои њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб дода, ба маблаѓи 2 миллиону 245
њазору 850 сомонї љаримабандї карда шудаанд. «Сўхтор асосан бо сабабњои вайрон кардани ќоидањои васлкунии таљњизотњои барќї 40%, оташбозии кўдакон 18%, вайрон кардани ќоидањои бехатарї аз сўхтор њангоми истифодабарии асбобњои барќию газї 15%, ќасдан оташ задани моликияти давлатию љамъиятї 10%, вайрон кардани ќоидањои бехатарї аз сўхтор њангоми истифодабарии оташдон 3%-ро дар бар мегирад», - афзуд масъули Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
Фабрикаи парандапарварии Муъминобод ба кор медарояд Зимни нишасти матбуотї раиси ноњияи Муъминобод Амиршозода Тоњирхон дар бораи бурду бохти зањматкашони мавзеи баландкўњ ќисса намуда, ба пурсиши намояндаи рўзномаи «Хатлон» посух дода, бо боварии том хабар дод, ки дар моњи сентябр фабрикаи парандапарварии «Якарча» ба фаъолият шурўъ мекунад. Фабрика дар минтаќаи Кўлоб аз калонтаринњо ба шумор мерафт. Замони Шўравї тамоми собиќ вилояти Кўлобро бо тухм ва чўља таъмин мекард. Аммо замони љанги шањрвандї корхонаи бузург иљборан сукут кард. Баъдан, бо тантанаи сулњу осудагї, бо ибтикори Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон бунёд ва азнавсозии фабрикаи машњур аз нав ба миён гузошта шуд. Воќеан, корњо бо љидду љањд оѓоз ёфтанд ва дар як муддати кўтоњ биноњои замонавї ва тамоми шароитњои барои мурѓпарварї созгор ба вуљуд оварда шуд. Акнун корхонаи муштарак бо соњибкорони мањаллї ва мутахассисони эронї бо номи “Яккарча» арзи вуљуд намуд. Тибќи лоиња фабрика ба љуз истењсоли чўљаю тухм мебоист соле 15000 тонна гўшти мурѓ истењсол мекард. Чунин миќдор гўшти паранда талаботи яксолаи мардуми минтаќаро ќонеъ менамуд. Бо вуљуди созгор будани иќлим барои парвариши мурѓ арзиши
аслии мањсулот 2 сомонї ќимат афтод. Бо њамин сабаб, нархи як сар мурѓ то 54 сомонї боло рафт. Њол он ки вазнгирии шабонарўзии парандањо нисбат ба мањсулот ќариб 20% зиёдтар буд. Њамин сабаб шуду фаъолияти корхона муваќќатан боздошта шуд. Имрўз, ки бо роњњои таќаллубкорї ба Тољикистон ворид гардидани гўшти парандаи зањролуд ошкор гардид, Њукумати кишвар бо маќсади таъмини амнияти озуќавї ќарори дар мамлакат тараќќї додани истењсоли парандаи худиро ќабул намуд. Бањри иљрои ќарори Њукумат мо ва соњибкорон тасмим гирифтем, ки корхонаро ба кор андозем ва њамвора иќтидори истењсолии онро ба дараљаи наќшаи лоињавиаш бирасонем. Айни замон дар ноњияи Муъминобод корхонањои хурд ва миёнаи саноатї фаъолият мекунанд. Дар миёни онњо корхонањои коркарди меваю сабзавот, шир ва мањсулоти ширї, дорубарорї ояндадоранд. Кайњо боз доруњои шифобахш, ки аз гиёњњои табиї бо тамѓаи «Чойи шифо» истењсол мегардад, аз лињози фоиданокиашон дар мамлакат ва берун аз он машњур шудаанд. Дар айни њол ќуттињои «Чойи шифо» дар нисбати доруњои хориљї барои дармонталабон дањњо маротиба арзон ва дастрас мебошад.
Хатсайрњо зиёд мешаванд Соли 2016 дар фурудгоњи Кўлоб бо иллати якбора кам гардидани хатсайрњо вазъи молиявии коргоњ коњиш ёфта буд. Дар натиљаи корбарї ва ташкилотчигии сарвари он Алї Комилов бањри баланд бардоштани сатњи хизматрасонї ба муштариён аз ибтидои соли 2017 шумораи хатсайрњо афзуданд. Миќдори онњо ба 318 расид, ки 105%-и наќшаро ташкил медод. Ширкатњои њавопаймоии «Сибир», «Урал»-и Русия ва «Сомонэйр» дар ин бахш сањми бориз доштанд. Ва, албатта, њамаи ин да-
3
ХАТЛОН
панљшанбе, 15 феврали соли 2018, №6 (3143)
ромади молиявии фурудгоњро хеле боло бурд. Дар нишасти матбуотї кормандони он дар ин хусус бо ќаноатмандї њарф заданд. Натиљаи кордориашон порсол 32 миллион сомонї буд. Танњо даромади софи ЉСК беш аз 11миллион сомониро ташкил дод. Ба буљаи шањр 2 миллион сомонї андоз пардохт намуданд. Бояд ќайд намуд, ки фурудгоњи Кўлоб дар њудуди шањр шояд ягона коргоњест, ки бо фоидаи соф кор мекунад. Ѓайбулло Њалимов, «Хатлон»
Дар соли 2017 њаљми умумии истењсоли мањсулот дар шањри Ќўрѓонтеппа 208,8 миллион сомонї, аз љумла мањсулоти саноатї 158,8 миллион сомонї ва мањсулоти кишоварзї 49,9 миллион сомониро ташкил намуд. Ин нишондињанда нисбат ба як соли пеш ба маблаѓи 26,4 миллион сомонї зиёд аст. Дар ин бора Абдуалим Исмоилзода, шањрдори Ќўрѓонтеппа, зимни нишасти матбуотии худ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Раиси шањр њамчунин гуфт, ки соли гузашта ба фонди стабилизатсионї 4 миллиону 224,5 њазор сомонї, ба фонди иншоотњои махсусан муњимми љумњуриявї 192,4 њазор сомонї, ба буљети љумњурї барои истифодабарии роњњои автомобилгард 1 миллиону 659,7 њазор сомонї ва ба ќадри 15 миллиону 488,4 њазор сомонї њиссаљудокунї ба буљети вилояти Хатлон равона карда шудааст. - Дар ин давра дар Нозироти андози шањр 1079 љойи кории навтаъсис ба ќайд гирифта шуд. Аз љумла 132 нафар соњибкорони инфиродии бо шањодатнома фаъолияткунанда бо 152 коргар, 869 нафар бо патент ва 14 адад ташкилоту корхонањои шахсони њуќуќї бо 31 нафар коргар фаъолияти худро оѓоз намудаанд, - идома дод А. Исмоилзода. - Дар баробари он, 702 андозсупоранда фаъолияти худро ќатъ намудаанд. Зикр гардид, ки соли 2017 музди мењнати миёнаи мењнаткашони шањр 1139,1 сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 ба маблаѓи 79,1 сомонї зиёд шудааст. Ќарзи музди мењнат то 1 декабри соли 2017-ум 168,8 њазор сомонї њисоб шудааст, ки асосан аз њисоби корхонаи фаръии давлатии «Ќўрѓонтеппагаз»-и вилоят мебошад. Соли гузашта ба шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолии шањр 1889 нафар шањрвандони бекор барои дарёфти љойи кор мурољиат намудаанд, ки аз ин њисоб 1600 нафарашон њамчун корљўй ба ќайд гирифта шуда, 1010 нафари онњо бо љойи кор таъмин гаштаанд. Дар муассисањои таълимии шањр дар соли хониши 2016-2017 беш аз 23387 нафар хонандагон тањсил намуда, теъдоди хатмкунандагони ин давраи тањсил 1728 нафарро ташкил намуд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 1444 нафар, аз љумла 585 нафар духтарон аз ќайди Маркази миллии тестї гузашта, 1359 нафар бањои гузаришро ноил гардида, сазовори номи донишљў гардидаанд, ки он 67,8 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медињад. Дар баробари он, ба дигар коллељњо, берун аз Маркази миллии тестї, 35 нафар, ба литсейњои касбї ва курсњои кутоњмуддат 32 нафар дохил шудаанд, ки дар маљмўъ, дохилшавї ба муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи касбї 79 фоизро ташкил медињад. Њамзамон, дар соњаи маориф 1143 нафар омўзгор ва 120 мураббї
Паёми Пешвои миллат-роњнамои љавонон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 885 нафарашон занонанд. Дар соли тањсили 2016-2017 хонандагони синфи 11-и муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањр мањорату истеъдоди худро нишон дода, 27 медал, аз љумла 6 медали тилло, 9 медали нуќра, 12 медали биринљї ва 7 љойи ифтихориро соњиб гардиданд, ки дар сатњи вилоят нишондињандаи бењтарин аст. Њамзамон, хонандагони синфњои 9 ва 10-и муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањр 52 медал, аз љумла 14 медали тилло, 15 медали нуќра, 23 медали биринљї ва 12 љойи ифтихориро дар сатњи вилоят аз они худ намуданд. Абдуалим Исмоилзода, шањрдори Ќўрѓонтеппа, инчунин, дар бораи аз “буњрони молиявї” наљот пайдо кардани клуби овозадори футболи “Вахш” мужда дод. Ба ќавли ў, барои пўшиш додани харољоти солонаи ин тими футбол беш аз як миллион сомонї ихтисос дода шудааст. Њамзамон, зикр гардид, ки номи КФ “Вахш” ба номи “Хатлон” табдил дода шуд. Ќањрамони секаратаи футболи Тољикистон сар аз мавсими соли 2018 ба “Хатлон” шарафи футболи Вахшонзаминро њимоя хоњад кард. Дар нишасти матбуотї хабар дода шуд, ки то љашни Наврўз дар Ќўрѓонтеппа (дар ояндаи наздик – шањри Бохтар) шумораи рекордии гул - 2000000 (ду миллион) дона шинонида хоњад шуд. Бо ин маќсад ба маблаѓи беш аз 200 њазор сомонї аз минтаќањои дигари кишвар ва хориља тухми анвои мухталифи гул харидорї шудааст. “Ќўрѓонтеппаро гулборон мекунем!”, - гуфт шањрдор А. Исмоилзода. Хабари дигари нишасти мазкур ин буд, ки давоми соли 2017 дар маркази маъмурии вилоят 46 нафари эњтиёљманд (аз љумла 2 мањбуси собиќ, 3 сарбоз пас аз адои хизмати њарбї ва боќимонда афроди дорои дараљањои маъюбї) бо љойи кори доимї таъмин гардиданд. - Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Ќўрѓонтеппа ният дорад, ки 39 автобус ва 100 худрави кирокаш (таксї)-ро дастрас намуда, дар хизмати сокинони шањр ќарор бидињад, - идома дод А. Исмоилзода. - Ин барнома бо дањ миллион доллар кумаки Бонки Рушди Аврупо амалї хоњад шуд. Ќарор аст, ки ин автобусњо ба мусофиркашонї миёни шањри Ќўрѓонтеппа ва ноњияњои Бохтару Сарбанд ва Вахшу Љалолиддини Балхї њаракат кунанд.
САРБАНД: МАОШИ МИЁНА БА 783,5 СОМОНЇ БАРОБАР ШУД
Дар шањри Сарбанд соли 2017 иљрои наќшаи андоз 101 фоиз таъмин гардида, ба буљет 27,5 миллион сомонї маблаѓ ворид шуд, ки нисбати наќша 172 њазор сомонї зиёд мебошад. Санавбар Самизода, раиси шањри Сарбанд, зимни нишасти матбуотиаш зикр кард, ки соли гузашта ба соњањои буљетии шањр 24,2 миллион сомонї маблаѓњои буљетї равона карда шуд. Талаботи солонаи маблаѓи нафаќапулињо дар Сарбанд 12,2 миллион сомонї мебошад. Хабар дода шуд, ки маблаѓи нафаќаи беш аз 3565 нафар нафаќагирони шањр ба пуррагї пардохт шудааст. Ба соњањои иќтисодиёти шањр 13,9 миллион сомонї ќарзњои бонкї равона гардидаанд, ки нисбати соли гузашта 2,1 миллион сомонї зиёд мебошад. - Дар соли 2017-ум 701 љойи нави корї таъсис дода шуда, дар натиљаи 11 ярмаркаи љойњои холии корї 116 нафар шањрвандон бо шуѓл таъмин гардиданд, - афзуд С. Самизода. Музди миёнаи мењнат дар шањри Сарбанд дар маљмўъ нисбати соли 2016-ум 6,2 фоиз афзоиш ёфта, ба 783,5 сомонї расидааст. Дар нишасти матбуотї њамчунин зикр гардид, ки њаљми
дар партави паём Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз санаи 22-юми декабри соли 2017 чунин ќайд намуд: «Ваќтњои охир дар љањон раванди бартариљўйї, мусаллањшавии бошитоб, пайдоиши нишонањои марњалаи нави “љанги сард” боиси нигаронї гардидааст. Аз љумла соли 2017 дар гўшањои гуногуни олам нооромиву низоъњо идома ёфта, зиёда аз сад давлати дунё мавриди њамлањои ѓайриинсонии террористон ва ифротгароён ќарор гирифтаст”.
истењсоли мањсулоти саноатї ба 219,1 миллион сомонї расида, нисбати соли 2016-ум 122 фоизро ташкил медињад. Соли 2017 вобаста ба иљрои наќшаи амал дар шањри Сарбанд 5 корхонаи нави саноатї бо таъсиси 66 љойи корї бунёд карда шудааст. - Моњи марти соли 2017 дар шањри Сарбанд корхонаи истењсоли ќубурњои пластикї дар заминаи ЉДММ «Субњи Сарбанд» ба маблаѓи 4 миллион сомонї ба истифода дода шуд, - зикр кард С. Самизода. – Инчунин, дар соли 2017 коргоњњои дўзандагии «Субњи Сарбанд», «Мадина» фаъолияти хуб нишон дода, хонандагони муассисањои таълимии шањрро дар асоси шартномањо бо сарулибос таъмин намуданд. Дар арафаи 26-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон коргоњи атласу адрасбофии “Шоњзамон” бо 8 адад дастгоњ ба истифода дода шуд, ки дар он 20 нафар занони хонашин ба кор љалб шуданд. Шумораи занон дар шањри Сарбанд 21966 нафар будааст. Раиси шањр хабар дод, ки 24,5 фисади вазифањои роњбарикунандаро дар Сарбанд бонувон ба дўш доштаанд, ки аз сатњи миёнаи вилоят (22%) бештар будааст. Дар соли 2017 дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Сарбанд Шўрои занон ташкил карда шуд. Моњи феврали соли љорї сохтмони Маркази бонувони шањр ба маблаѓи 85 њазор долари ИМА оѓоз мегардад. Нисбати соли 2016 шумораи марказњои инкишофи кўдакон 2 адад, теъдоди омўзгорон 6 нафар, аз љумла занон 81 нафар ва хонандагон 279 нафар, аз љумла духтарон 26 нафар, зиёд гардидааст. Барномаи компютеркунонии мактабњо 108 фоиз таъмин гардидааст. Н. Маъмурзода, “Хатлон”
Роњбари давлат њамчунин зикр карданд, ки фароњам овардани фазои њуќуќї дар љомеа вазифаи аввалиндараљаи давлати њуќуќбунёд мебошад. Барои амалї намудани ин њадаф, пеш аз њама, њифзи амният ва тартиботи њуќуќї зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба њисоб меравад. Аз ин љост, ки њоло таъмини амният дар љомеаи љањонї дар сархати масъалањои мубрами рўз ќарор дорад. Хатарњои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афѓонистони њамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диќќати аввалиндараља дињем. Бахусус, дар ќаламрави Афѓонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломї», ки баъзе шањрвандони кишварњои аъзои Иттињоди Давлатњои Мустаќил низ ба он шомиланд, вазъро боз њам ноором намуда, боиси ташвиши давлатњои њамсоя гардидааст. Тољикистон, ки бо Афѓонистон сарњади тўлонї дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрўзаи сарњад бо Афѓонистон низ моро
водор менамояд, ки ба ин масъала таваљљуњи бештар зоњир намоем. Мушкилоти дигари бо вазъи Афѓонистон алоќаманд ин муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир мебошад. Ба њама маълум аст, ки муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмањои маблаѓгузории терроризми байналмилалї ва нооромињо дар љањон ба шумор меравад. Пешвои муаззами миллат дар ин росто ба тарбияи ватандўстии ањолї ва хосатан тарбияи њарбїватандўстии љавонони кишвар дар роњи муњофизати ватанамон гуфта гузашт. Дар њаќиќат, љавонони кишвар, ки ќишри асосии љомеаи Тољикистони азизро ташкил менамоянд, шоњсутуни асосии њифзи амнияти кишвар мањсуб меёбанд. Дар ин асос дар шароити мураккаби љањонишавї ва љанги иттилоотии байналмилалї ба мо зарур аст, ки аз њарваќта зиёдтар ба тарбияи њарбї-ватандўстии љавонон ва барои њифзи ватани љонољонамон доимо ва дар њолати омодабош ќарор дошта бошем. Њамчунин барои пешгирии маѓзшўйї њар гуна
иттилооти ифротї бояд зиракии сиёсї ва њуќуќиро аз даст надода, пайваста барои баланд бардоштани дониши худ дар ин самт кўшиш намоем. Мо-љавонони кишвар дастуру супоришњои Пешвои муаззами миллатро сармашќи кори хеш намуда, бањри боло бурдани неруи зењнї ва солимии худ барои таъмини амнияти ватани азиз тамоми чорањоро хоњем андешид. Шарифзода Дилшод Шомиддин, мутахассиси гурўњи таъминоти њуќуќї, мониторинги ќонунгузорї ва кор бо матбуоти прокуратураи вилояти Хатлон
ТАСДИЌИ НАЌШАИ НАВИ ФАЪОЛИЯТИ ШЎРОИ ЊАМОЊАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВЇ ОИД БА ПЕШГИРИИ ЗЎРОВАРЇ ДАР ОИЛА Дар нишасти навбатии Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар вилояти Хатлон, ки чанде пеш тањти роњбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар шањри Ќўрѓонтеппа баргузор гардид, наќшаи кории ин шўро барои соли 2018 тањия ва ба тасвиб расонида шуд. Зимни ифтитоњи ин њамоиш М. Хидирзода таъкид намуд, ки љињати пешгирии хушунати оилавї, тањкими њамдигарфањмї ва устувории оила дар чорчўбаи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила”, ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 19 марти соли 2013 ба имзо расониданд, дар вилояти Хатлон як ќатор корњои шоиста анљом дода шудааст. Дар натиља, сатњи зўроварї дар оила коњиш ёфта, мизони азњампошии оилањо низ камтар гардидааст. - Дар соли сипаригардида аз љониби кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва дар якљоягї бо шарикон барои пешгирї намудани зўроварии хонаводагї силсилаи вохўрию мулоќотњои судманд, семинарњои омўзишї бо намояндагони ВАО, намояндагони сохторњои ќудратї, бо занону духтарон, мудирону раисони шўроњои занон ва намояндагони маќомоти њифзи њуќуќ баргузор гардиданд, - зикр кард М. Хидирзода. - Вале мо бо ин ќаноатманд шуда наметавонем, зеро зўроварии хонаводагї омиле мебошад, ки таваљљуњи њамарўза мехоњад. Дар идома М. Сатторова, котиби Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии
зўроварї дар оила, оид ба фаъолияти солонаи Шўро њисобот пешнињод намуд. Зимни музокироту баромадњо намояндагони шўроњои њамоњангсозии байниидоравї аз ноњияњои Бохтару Вахш М. Рањмонова ва Т. Азизова, инчунин директори маркази буњронии “Ѓамхорї” М. Шарифова доир ба зарурати мустањкам намудани донишњои назариявї ва малакањои таљрибавї, мусоидат ва мустањкам намудани механизмњои байниидоравї дар расонидани кумакњои њамаљониба ва њифзи љабрдидагон аз зўроварии оилавї, мубодилаи бењтарини байналмилалї ва таљрибаи миллї оид ба муборизаи оилавї фикру аќидањояшонро баён намуданд. Елена Максименко, директори филиали ГОПА дар Љумњурии Тољикистон, наќшањои ояндаи лоињаи пешгирии зўроварї дар оиларо барои соли 2018 муаррифї намуд. Лоиња оид ба пешгирии
зўроварии хонаводагї (PDV) аз љониби ширкати GOPA дар Тољикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба њамкорї мавриди амал ќарор дошта, ба бењбуди сатњи огањии ањолї аз мушкилоти зўроварии оилавї равона гардидааст. Тибќи наќшаи кории Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар вилояти Хатлон, ќарор аст, ки дар давоми соли 2018 мониторинги фаъолияти аъзои шўро сурат гирифта, 6 шўрои нави њамоњангсозии байниидоравї дар шањри Кўлоб ва навоњии Ховалинг, Балљувон, Восеъ, Фархор ва Ќубодиён созмон дода шавад. Инчунин, дар соли 2018 лоињаи GOPA/PDV барои аъзои 10 Шўрои њамоњангсозии байниидоравї ва шўроњои навтаъсис омўзишњо доир намуда, дар коркарди роликњо оид ба пешгирии зўроварї дар оила ва баргузории чорабинињои таблиѓотию маърифатии дигар мусоидат хоњад кард. - Бо маќсади баланд бардоштани иттилоотнокї ва маърифати њуќуќии ањолї оид ба оќибатњои номатлуби зўроварї дар оила, нисбати занон, кўдакон ва оилањои муњољирони мењнатї Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ва аъзоёни Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бояд мунтазам чорабинињои иттилоотї ва маърифатиро байни ќишрњои мухталифи љомеа баргузор намояд, - гуфт Махфират Хидирзода дар поёни љамъомади Шўро. – Мустањкам намудани механизми самарабахши иљроиши Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила», бозравонии љабрдидагони зўроварии хушунати оилавї ба субъектони ќонуни мазкур, њимояи њуќуќњои ќурбониёни зўроварї дар оила яке аз самтњои асосии кори Шўрои њамоњангсозии байниидоравї мањсуб мегардад.
Бебарќї дар дењоти кўњистон боќї мемонад Шабакањои барќи минтаќаи Кўлоб дар соли 2017 ба љуз љамъоварии маблаѓ тамоми наќшањои ба уњдадоштаашонро барзиёд таъмин намуданд. Љамъоварии маблаѓ бошад, њамагї 81 дарсад иљро шуд. Ва ќисми асосии он аз њисоби ањолї мебошад. Баќияпулињо аз солњои пешин зиёдтар аст. Барќчиён боварї доранд, ки мушкилоти ќарздориро дар семоњаи сеюми соли равон бартараф менамоянд. Вале масъалаи бебарќии дењањои дурдасти кўњистони минтаќа њамоно нигаронкунанда боќї мемонад. Дар шароити имрўза мардум дар кадом мавзее зиндагї кунанд, набояд бе рўшної бимонанд. Албатта, барои ба ин нуќтањои
дурдаст интиќол додани хатти барќ маблаѓи калон таќозо мешавад. Вале аз тариќи бунёди истгоњњои хурди барќи бодию офтобї имконияти онњоро бо барќ таъмин кардан мављуд аст. Њамзамон, роњи дигари рўшної њосил кардан ин биогаз мебошад. Зеро кўњистониён чорвои зиёди хурду калон парвариш мекунанд. Ва ин манбаи хуби ашёи хом барои истехсоли биогаз мањсуб меёбад. Агар дар ин хусус бо донорњои хориљї масъулини шабакањои “Барќи тољик” њамкорї намоянд, мушкилот њалли худро меёбад ва 101 дењаи бебарќи кўњистони минтаќаи Кўлоб соњиби равшанї мешаванд. Ѓайбулло Њалимов, «Хатлон»
ХОВАЛИНГ: истењсоли асали тоза афзудааст Давоми соли 2017, дар умум, аз њисоби њамаи бахшњои хољагидорї дар ноњияи Ховалинг 60,2 тонна асал истењсол гардидааст, ки нисбат ба соли пешин зиёд мебошад. Ноњияи Ховалинг табиати зебою дилфиреб ва гиёњњои барои парвариши занбўри асал мусоид дошта, имрўз ба рушди соњаи занбўрпарварї таваљљуњи калон зоњир менамояд. Ин аст, ки сол то сол истењсоли асал зиёд гашта, ба бозорњои кишвар бароварда мешавад.
Ба иттилои Љумъахон Ѓоибов, сардори шуъбаи кишоварзии ноњияи Ховалинг, шумораи оилањои занбўри асал дар ноњия ба 4 њазору 102 оила мерасад, ки ин нисбати соли сипаригардида зиёд мебошад. -Дар љумњурї соли 3-юм аст, ки аз њисоби истењсоли асалу бо сифат будани он занбўрпарварони ноњия љойи аввалро касб мекунанд, - мегўяд Љ. Ѓоибов. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»
Н. Мустафо, «Хатлон»
Эълон
дар бораи гузаронидани озмун барои ишѓоли мансаби холии мутахассиси прокуратураи ноњияи Шањритуз Номи маќомоти давлатї: Прокуратураи вилояти Хатлон Номи мансаби холї бо нишон додани андозаи музди мењнат: Мутахассиси прокуратураи ноњияи Шањритуз-543 сомонї. Талаботњо нисбати мутахассис: -донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї, самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљї; -донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ки иљрои уњдадорињои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медарорад; -на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбї; -тањсилоти олї ё миёнаи касбї; -кор карда тавонистан бо компютер. Муњлати ќабули њуљљатњо то 20 феврали соли 2018 мебошад. Суроѓа: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Н. Њувайдуллоев 8, прокуратураи вилоят. Телефон барои тамос: 8(3222) 2-53-27.
4
ХАТЛОН
панљшанбе, 15 феврали соли 2018, №6 (3143)
шанд. Ин аќидаро аксари мардум дар минтаќањои Тољикистон иброз намудаву ба он њунар машѓул мешаванд. Ин нуќтаро муњаќќиќ Л. Носирова низ њангоми омўзиши њунарњои мардумї дар Истаравшан мушоњида намуда, аз љумла менависад: «...Дар Истаравшан њангоми нишастани арўс ба таги чодар кўрпачаи «ќуроќи
Идораи рўзномаи «Хатлон» тасмим гирифтааст, ки тањти рубрикаи нави «Њунарњои мардумї» дар бораи касбу њунарњои анъанавии тољикон ба хонандаи худ маълумот дињад. Тавре ки маълум аст, тољикон дорои таъриху фарњанги ќадимї ва пурѓановат буда, бо њунармандию гулдастиашон машњури олам гаштаанд.
ТУРИЗМ
кўдак то баромадани чилрўзагї мепўшонданд. Инчунин, пештар онњое, ки тифли дардманд доштанд, гањворапўши гањвораро аз ќуроќ медўхтанд ва умед мекарданд, ки бо ин роњ тифлро аз дард наљот дињанд». Дар њар як маснуоти ќуроќдўзї на фаќат љињати эстетикии он, балки хусусиятњои хоси
ЌУРОЌДЎЗЇ: АЗ ДЎХТИ НАВЪИ «ВАРАЌЇ» ТО «ЌУЇ» «Фарњанг ва њунари воло дар њама давру замон њамчун василаи муњими муаррифии халќу кишвар ба љањониён шинохта шудааст. Фарњанг чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рўзгори иљтимої дар таърих ва рушди маънавии љомеаи муосири Тољикистон наќши босазо дорад». Эмомалї РАЊМОН
Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон барои эњё ва рушди њунарњои мардумї шароити мусоид фароњам овард. Таври маълум, намудњои њунарњои бостонии миллии тољикон хеле зиёд мебошад. Яке аз њунарњои зебою пурмаънии бонувони тољик ќуроќдўзист, ки он таърихи ќадима дорад. Ќуроќдўзї як навъи њунарест, ки аз порањои матоъ иборат буда, бо тахайюлоти бой ва наќшњои миллии тољикон ин порањоро ба њам пайваст мекунанд. Санъати ќуроќдўзї ин тавлиди (дўхтани) маснуоти мухталифи хонагї бо тариќи дўхтани порчањо ё резањои матоъ мебошад. Бонувони њунарманди тољик аз пораи матоъњои гуногун ба шаклњои
чоркунља, секунља ва тасмачањои њархела асосан дастурхон, чодари арўсї, кўрпа, кўрпачањои кўдакона, болиштњои калону хурд, њатто куртањои ќуроќї, љомањои кўдакона, дастбанди гањвора, ойинахалта, чойхалта ва ѓайрањоро дўхта тайёр мекунанд. Дар рўйи дастурхони ќуроќї таом хўрдан дар миёни мардум “савоб” дониста мешавад. Дар Осиёи Марказї ќуроќдўзї ойину суннатњои хоси худро дошта, аз даврањои ќадим то замони мо омада расидааст. Ќуроќ - лиёф ё порчае мебошад, ки аз онњо љома ё яктаки дарвешу ќаландарњо дўхта мешуд, ки бо номњои “мураќќаъ” ё “хирќаъ” маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ њаминро бар тан ме-
карданд. Асосан, ќуроќњо аз матоъњои сурх, сафед, сабз, сиёњ, кабуду зард, бунафш ва ѓайра дўхта мешаванд. Занон аз њунари ќуроќ истифода бурда, порањои њама гуна матоъњои аз либосњо зиёдатї баромадаро низ ќуроќдўзї мекунанд. Муњаќќиќ М. Акилова дар китоби “Наќшу нигори бофандагї ва кашидадўзии водии Зарафшони Тољикистон” рољеъ ба њунари ќуроќдўзї чунин ибрози аќида менамояд: “Бисёрињо ањамият ва таъйиноти ќуроќро дуруст дарк намекунанд. Љавонон бошанд, гумон мекунанд, ки маснуоти ќуроќї барои зебу зинат истифода бурда мешавад. Бисёрињо мефањманд, ки ќуроќро дар хона нигоњ доштан фоиданок аст. Аксарияти одамони куњансол боварї доранд, ки ќуроќ хонаро аз њама «балову офатњо» нигоњ медорад”. Дар таомули мардуми тољик шаклњои мутановеи ќуроќдўзї мављуд аст: 1. Дўхти навъи вараќї; 2. Ќуроќи чашмї; 3. Ќуроќи ќуї; 4. Ќуроќи осиёбї; 5. Ќуроќи ба шакли омезиш. Њар яке аз ин навъњо маънии мушаххаси худро дорост. Масалан, занони ќуроќдўз барои наварўсон кўрпаю кўрпача ва болиштњои ќуроќї медўзанд ва дуо мекунанд, ки бигзор, навхонадорон хушбахту ба паю ќадам бо-
турна» мепартоянд ва “арўс ба паю ќадам шавад” гуфта дуо мекунанд». Ходими илмии шуъбаи таърих ва назарияи фарњангшиносии ПИТФИ С. Мирзоева низ доир ба мављуд будани шаклњои мухталифи ќуроќдўзї дар таомули мардуми тољик, аз љумла дўхти навъи вараќї, чашмї, ќуї, осиёбї ва ќуроќи ба шакли омезиш чунин ибрози аќида намудааст: «Дар байни тољикони водии Фарѓона маснуоте, ки аз порчањои газвор ва матоъ дуруст мешуд, дар ойин
ва суннатњои худ аз таваллуди одам то ба давоми умраш истифода мекарданд. Масалан, дар рўзи њафтуми таваллуди кўдак аз хонаводањое, ки дар он пирони кордида маскан доштанд, порчањои хурди матоъ љамъоварї намуда ва бо нияти нек (дар оянда умри тўлонї ва дороии фарзандон ва наберагон зиёд шавад) аз он порчањо пироњани хурд дўхта, ба
мањаллї низ зоњир мегардад. Дар ќуроќдўзї манзарањои табиат, хусусиятњои тањљої, наќшњои геометрї тасвир меёфтаанд. Ба василаи ќуроќдўзї наќшњои ќадимї, рамзу нишонањое, ки дар эљодиёти мардумї (истифода) тасвир шудаанд, зинда мегарданд. Ба василаи рангњои матоъ, мазмун ва ѓояи ороишу наќшњои тасвирї возењ ва равшан зоњир мегарданд. Дар замони муосир санъати ќуроќдўзї ба манзалати умумиљањонї расида, хусусиятњои хосаи фарњангии њамаи халќњоро инъикос мекунад. Бонувони чирадаст мекўшанд, ки порањои матоъ љамъ овардаву аз онњо як навоварї биофаранд. Ба воситаи матоъњои пора онњо дастурхон, љома, гањворапўш ва барои арўсон кўрпаю болишт медўзанд. Имрўзњо ин њунари мардуми тољик аз нав эњё гашта истода, духтарон љомањои ќуроќї, љузвдонњои ќуроќї ва дигар маводњоро ќуроќдўзї намуда истифода мебаранд. Омўзиши ќуроќдўзї ба кашфи махсусияти мактабњои мардумии њунармандї, омўхтани ойину суннатњо, шавќу завќи устодони кори дўзандагї ва наќши ќуроќдўзї њамчун љараёни махсуси бадеї мусоидат мекунад. Масъули гўша Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
Одати бад Саидќул, 29-сола: -Њамсолонам тамоку мекашанд. Аз љамоат ќафо мондан номардист. Баъди дар зиёфатњо шароб нўшидан ба сигор майл пайдо мешавад, ана баъд он одати муќаррарї шуда мемонад. Бобохон, 42-сола: Зиндагї вазнин, љойи кор надорам. Норасоињои рўзгору ѓур-ѓури зављаам маљбурам кард, ки сигор кашаму асабњоямро ором созам.
Аз аљал халос мешавию
аз сигор не Сигоркашї одати бад буда, он хурду бузургро ба худ вобаста менамояд. Зиёни никотин бошад, бо чизе љуброн намешавад. Аз зањри тамоку садњо њазор одамон гирифтори беморињои гуногуни табобатнашаванда шуда, мефавтанд, насли носолим ба дунё меояд. Аз ин рў, дар сар то сари дунё, аз љумла дар Љумњурии Тољикистон, бар зидди тамокукашї мубориза мебаранд. Чунончи, бо маќсади рањо ёфтан аз ин одати бад њамасола муборизаи умумиљањонї тањти унвони “Як рўзи бе сигор” гузаронида мешавад. Магар муборизаи якрўза роњи халосї аз ин офати аср шуда метавонад? Ваќте ки сигор зањри марговар дорад, пас чаро одамон боз тамоку кашида, ба љони худ љабр мекунанд? Биёед, ба андешањои одамони синну сол ва касбу кори гуногун, ки ќисме аз онњо сигор мекашанду ќисми дигар танњо аз дуди он зањролуд мешаванд, гўш андозем.
Сигори аввалину азобњои тўлонї Фарњоди Салом, 50-сола: -Аз оне ки сигоркашї ба саломатї зарар дорад, њама медонад. Њатто дар ќуттии сигор њам њушдор додаанд: “Вазорати тандурустї огоњ мекунад, ки тамокукашї ба саломатї зарар дорад!” Бо вуљуди ин, одамон боз сигор мекашанд. Чаро? Одат кардаанд, акнун бе дуди он нафас гирифта наметавонанд, худро бад њис мекунанд, сардард мешаванд. Хонандаи гиромї! Биё, лањзае ба “таљриба”-и талхи банда назар андоз. Сигори аввалин! Онро эњтиёткорона байни ду ангушт гирифта, ба лаб мебарам. Дудашро чуќур-чуќур нафас мегирам. Дуди он дар гулўям дармонда нафасгирам мекунад. Дуру дарозу беист месулфам. Баъди пайи њам дуд гирифтан, гўё нафас кушода шуда, бўйи он ба ман њаловат мебахшад. Сарам чарх мезанад, чашмонам андак пўшида шуда, худро дар олами дигар мебинам. Ин, албатта, ќадами нахустини инсон ба доми никотин аст. Пас аз сї-чил рўз ба тамокукашї одат карда мемонию минбаъд маљбур њастї, ки онро истифода бикунї. Партофтани тамокукашї душвортар аз оѓоз намудани он будааст. Дар кўдакї ё наврасї талабот ба сигоркашї њатто дида намешавад. Пас, чаро дар ин синну сол кас ба сигоркашї майл карда, даст ба ин одати бад мезанад? Шояд аз тарси он, ки дар назди дўстони “калонсол” ту “хурдсол” нанамої? Ана њамин аќидаи
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир: Асалмо САФАРОВА
ѓалат сабаби сигоркашии камина шуд. Акнун, баъди гузаштаи солњои зиёди умр њис кардам, шахсе, ки сигор намекашад, инсони хушбахт аст, ба касе эњтиёљ надорад, вобастаи чизе нест. Хулоса, онњо хўљаини худ мебошанд. Њам саломатии худашон хуб асту њам фарзандони солим доранд. Ман тамокукаши собиќадорам. Ваќте ки дар њама љо таъна мешунавам, бисёр мехоњам тамокукаширо бас кунам. Вале ирода намерасад, бандии сигор шуда мондаам. Њоло дар љумњурии мо дар љойњои љамъиятї: љойи кору наќлиёт сигоркашї ќатъиян манъ аст. Тани мо-тамокукашњо бўйи бад мекунад. Аз ин рў, атрофиён аз мо канора љуста, дар рўямон бо ситеза мегўянд: “Бўйи сигор мекунед, аз назди ман дур шавед, аз бўй аллергия дорам!”. Ман дар хонаи худам низ гап мешунавам. Кўдакон суол мекунанд, ки чаро дандону ангуштонам зард шудааст? Онњо аз бўйи тану либосњоям њазар доранд. Зављаам низ аз бўйи сигор шикоят мекунад. Зеро дуди сигор дар либос, мўйи сар монда, он ба зудї намеравад. Рости гап, њамасола дар моњи рамазон, танњо бегоњї як сигор мекашам, барои ин аз Худованд миннатдорам. Худро сабук њис менамоям, баданам њам бўйи сигор намекунад. Ман аз сигоркашї ягон фоидае надидаам, хотираам заиф гаштаю саломатиам костааст. Аз ин рў, ба онњое, ки аз рўйи њавою њавас ё барои асаби худро “ором” кардан мехоњанд, тамокукаш мешаванд, маслињат намедињам. Зеро он одати бад аст. Худ ва атрофиёнро зањролуд накунед! Инљо хонаи ту не-ку...! Маршуртка ба самти “Бозори Шариф” мерафт. Дар байни мусофирон як марди сигоркаш буд. Њамин ки мусофирбар ба њаракат даромад, мусофири дар пањлуи ронанданишаста ба сигоркашї сар кард. Мусофирон аз ин амали мард норозигї баён намуда, байни худ бо овози шунаво ѓур-ѓур мекарданд. Онњо мегуфтанд, ки бе-
мории диќќи нафас, сактаи дил ва диабети ќанданду тоби дуди сигорро надоранд. Бояд дохили наќлиёти мусофирбар, яъне дар љойи љамъиятї касе сигор накашад. Вале он мард ба ин эродњо ањамият надода, сигоркаширо идома дод. Ронанда нороњатии мусофирон (махсусан занњо)-ро ба назар гирифта, аз мусофири дар пањлуяшнишаста хоњиш намуд, ки сигор накашад ё аз машрутка берун шавад. Мусофири сигоркаш якбора оташ гирифт. -Таксї хонаи ту не, ки маро аз он биронї. Барои љойи нишаст пул додаам, мехоњам сигор мекашам, мехоњам хоб меравам, боз гап дорї-а?!-гўён ў сигоркашиашро идома дод... Чаро одамон тамоку мекашанд? Абдулло, 35-сола: -Синни наврасї давраи душвор аст. Дар ин синну сол бештар одатњои бад низ пайдо мешаванд. Масалан, нофањмињо дар байни волидон, љанљол бо омўзгорону рафиќони мактабї боиси танњої, дилсардию ноумедї мегардад. Дар натиља наврасон ба чизњое майл пайдо мекунанд, ки барояшон њаловату дилхушї орад, ба ќавле, ѓами дилро бароварда онњоро аз њолати асабоният барорад. Онњо ѓофил мемонанд, ки рўз ба рўз ба амалњои баду зарарнок, аз ќабили сигоркашї ва араќнўшї, зуд одат карда мемонанд, оќибат он боиси маргашон низ мегардад. Диловар, 25-сола: -Оѓоз намудани тамокукашї осону партофтанаш душвор аст. Ва ин одат минбаъд идома меёбад. Ман низ аз рўйи њавас сигор кашида, якбора “ѓулом”-и он гаштам. Зављаам њам пеши ман як шарт гузоштааст: “Ё ман, ё сигор!” мегўяд. Акнун намедонам аз сигор чї тавр халос шавам... Мирзо, 30-сола: -Сигоркашї як намуди худнамоист. Хушбахтона, ман онро то ба њол ба лаб нагузоштаам. Валиљон, 23-сола: -Чаро тамоку мекашам? Намедонам, одат шуда мондааст.
Њар рўз ќасам мехўрам, ки дигар сигор накашам, аммо... Сафар, 55-сола: - Сигор зањр аст. Њар сањар бо дањони талху хушк аз хоб хеста, ќарор медињам, ки дигар сигорро ба лаб набарам. Аммо аз аљал халос мешавию аз сигор не. Андрей, 40-сола: -Ман аз хурдсолї ба ин бало гирифтор шудам. Њоло хоњиши онро партофтан дораму ирода надорам. Сигор маро вобастаи худ кардааст. Рафик, 22-сола: - Падарам ба мардикорї рафту аз худ дарак надод. Модарам бозорнишин аст. Аз беназоратї ба бачањои кўчагард њамроњ шудам. Як-ду маротиба сигор кашида, оромї ёфтам. Ба ман маъќул шуд. Акнун аз ин “вирус” халос шуда наметавонам. Ман таклиф мекунам, ки... Собир, 45-сола: -Дар рўйи ќуттињои сигор бо њарфњои калон чунин навишта шавад: “Сигор зањролуд кардани худ аст”, “Ман туро дўст медорам, маро бикушу худро њам бикуш!”, “Никотин туро мекушад!” Одинамоњ, 30-сола: -Ќуттии сигор бо навиштаљоти рекламавии “Агар хоњї, ки мубталои беморињои саратон ва сактаи дил шавї, бештар сигор бикаш!” ва бо расмњои дањшатовару скелет оро дода шавад. Мањмуд, 50-сола: -Нархи сигорро баланд бардошта, фурўши он танњо ба калонсолон иљозат дода шавад, то ба ноболиѓон дастнорас гардад. Ба љойи охирсухан -Аз тамокукашї бештар мардњо зарар мебинанд ва бештар онњо «ѓулом»-и сигоранд. -Дар хотир дошта бош, ту сигор мекашию дудаш шахси дар пањлуят бударо, ки сигор намекашад, бештар зањролуд мегардонад. -Сигоркашї асабро заиф сохта, туро ба беморињои сактаи дил, бронхит, диќќи нафас, саратон ва ѓайра мубтало мегардонад. Барои муолиља аз ин беморињо маблаѓи зиёде сарф мегардад. -Аз сигоркаш бештар фарзандони бемор ба дунё меоянд. -Пас, биандешу интихоб намо: сигор ё саломатї? С. АТТОР, “Хатлон”
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.
Ќиссаи (Идома аз №5 (3142) -Барои саволи нољо узр мепурсам. Гуфтед, ки њамќисматони Шумо аз дарди зарбу лат яке зикри номи Худову дигарї номи модарро мекард. Шумо чї садо мебаровардед? - Рости гап, аз зарби лату куби зиёд одам њиссиёташро гум мекардааст. Ман, ки њангоми дастгир шуданам зери лату кўби шадид ва берањмона ќарор гирифта будам, њиссиётамро аллакай гум карда будам. Аз њамин сабаб дигар дардро њис намекардам ва умеди зинда монданам њам набуд. Тамоми узви баданам осеб дида буд. Аз лабу дањон, аз гўшу бинї, њатто аз ќафоям хун мерафт. Узвњои даруниям низ кафида буданд. Ваќти шиканља диданам танњо ањли оилаам пеши назарам буд. Фикр мекардам, ки баъди ман њоли кўдакону модари пирам чї мешуда бошад. Аммо њамеша дар забону дањонам номи поки Парвардигор буд… - Шумо дар он зиндони дањшатовари нањзатињо њафт шабонарўз боќї мондед. Дар ин муддат чї рўзњоро паси сар кардед ва чї гуна аз дасти он ќотилони вањшї рањої ёфтед? - Он замон барои онњо одамкушї мисли як «наќшаи пахта» шуда буд, ки бояд њар кадоме дар ин кор натиља дошта бошад. Њама аз паси шикор буданд. Моро бо навбат 4-5-нафарї посбонї мекарданд. Нафаре миёни онњо пайдо намешуд, ки моро назанад ва ё аќќалан рањм кунад. Аз задани бисёр љоѓи поён ва дањону њарду дастам аз китф шикаста буданд. Њатто обро озодона ва бе мамониат нўшида наметавонистам. Вале ба њамаи он азобњо нигоњ накарда, ягона чизе, ки маро ба рањо гаштан умедвор мекард, ин ба «њаммоми Туркманистон» интиќол нагаштанам буд. Зеро 1 нафар посбон ба ман фањмонд, ки «бахтат баландї карду туро ба њаммом набурданд, вагарна очаи зората дар чашмат медидї». Ана њамин сухан каме дар дилам шуълаи умедро фурўзон кард. Баъди њафт шабонарўзи дар гаравгон буданам бародару хешу таборњо баъди даву тозњои зиёд аз байни нањзатињо шинос пайдо карда, маро рањо карданд. - Баъди рањо гаштани Шумо аз гаравгонї чунин њолатњо хотима ёфтанд, ё баръакс идома дошт? - Ба фикри ман, мо аввалин гаравгонњое будем, ки ба дасти нањзатињои аждањои ањримансиришт афтода будем. Њамагї баъди як рўзи рањої ёфтани ман боз силоњбадастони ЊНИТ ба шуъбаи дуюми љ/ш Кирови н.Вахш
як асири нањзат зада даромада, 26 нафар шахсони комилан бегуноњро аз ќади роњу аз заминњои киштзор дастгир карда бурданд, ки аз миёни онњо њамагї 3 нафар бо амри тасодуф зинда баргаштанду боќимонда 23 нафар баъди азобу уќубати зиёд берањмонаву дастаљамъона ба ќатл расонида шуданд. Ягон ќавми одамизод, фикр мекунам, бо њаммиллати худ, њамхуну бародари худ, њамсояву хешу табори худ чунин муносибат накардааст, ки нањзатињо!!! Баъди ин гуна дањшати гўшношунид, ман чунин берањмиву безотиро танњо дар амалњои «диишиён» дидам, ки фикр мекунам, муаллими онњо нањзатињои тољик мебошанд. Зеро, агар барои оламиён «Проекти ДИИШ» хунхортанин, разилтарин лоињаи љанг бошад, барои ман шахсан «навоварї» набуд. Зеро чунин мусибат ва чунин ќазия бар сари мани тољик аллакай 27 сол пеш омада буд. Ва ин дањшатро бар сари ман бародари ман, њамќишлоќии ман, њамќисмати ман, хеши ман, тољики ман оварда буд. Њамоне, ки ман рўзи тўю сураш хизмат мекардам, мераќсидам, хурсандї мекардам, њамоне, ки дар марги падару бобояш ѓамгин будам, чўби тобуташро медоштам ва зор мегиристам… Њамоне, ки ман хоњарамро ба ў издивољ карда, хоњари ўро келин карда будам.… (ин љо оби дидаи акои Њабибулло беихтиёр љорї шуду анбўњи ѓам дар гулўяш дармонд). - Акои Њабибулло, барои суњбати таъсирбахш ташаккур. Бешубња, ин саргузашти талх барои дигарон дарси њаёт аст. Ин ќисса моро водор месозад, ки боз њам њушёру закї бошем, дубора ба чоњ наафтем, дўстро аз душман фарќ кунем, фирефтаи дасисаву таблиѓоти хоинон нашавем. Бигзор њељ кас он рўзњои шумро набинанд. - Ба Шумо низ ташаккур. Бигзор ин гуфтањо малоли хотири касе нашавад, зеро ин њаќиќат буд. Њарчанд, Пешвои муаззам аз њама гуноњњо гузаштаанд, лек баъзе нохалафон инро нодида мегиранд, ин сулњи нотакрору бемисли моро пеши по мезананд. Инак, ки зарурати ин огоњсозињо пеш омадааст, барои худ ќарз шуморидам, ки ин дарди нињони худро расонаї кунам. Бигзор њамагон, махсусан насли љавони тољик, инро бидонад. Инро ман бояд мегуфтам, зеро: Чу мебинї, ки нобинову чоњ аст, Агар хомўш биншинї, гуноњ аст… Мусоњиб Одилљон Мањмадов
эътибор надорад Шањодатномаи гумшудаи А №0303792, ки онро соли 2016 МТМУ №16-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Њабибзодаи Мавлуда додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №3136571, ки онро соли 2004 МТМУ №16-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Салимов Одилљон Комилович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ГТС №0058000, ки онро соли 2004 МТМУ №23-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Кабулов Бекмурод Темурович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №189668, дар бораи хатми синфи 8, ки онро соли 1981 МТМУ №4-и шањри Ќўрѓонтеппа ба Меликулов Комил Хаитович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №104150, ки онро соли 1993 МТМУ №6-и ноњияи Хуросон ба Давлатов Ќурбонмурод Холмахмадович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ронандагии №0651444, гурўњи №29, дараљаи “ВС”, ки онро соли 1984 мактаби ронандагии ТЉММ-и шањри Ќўрѓонтеппа ба Рустамов Файзулло Муллаевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №580418, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1991 МТМУ №58-и ноњияи Коммунистї (њозира ноњияи Бохтар) ба Сатаров Рустам Раджабович додааст, эътибор надорад.
Дипломи гумшудаи ДТК №0121213, ки онро коллељи омўзгории ДДЌ ба номи Носири Хусрав соли 2017 бо ќайди №1122, бо ихтисоси муаллими синфњои ибтидої (шуъбаи ѓоибона) ба Назарова Шодигул Љуманазаровна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А-АТУ №0090442, ки онро соли 2014 МТМУ №20 ноњияи Бохтар ба Шамсиддин Иброњими Абдулњайзода додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДТК №0105298, ки онро соли 2015 коллељи омўзгории ДДЌ ба номи Носири Хусрав бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тољик ба Љобирова Мосафар Собировна додааст, эътибор надорад
Таваљљуњ: омўзиши забони русї!
Омўзиши забони русї барои калонсолон ва кўдакон (хурдсолон) бо ёрии муаллими русзабон ва ихтисосманд. Ќабул ба гурўњ то 1 марти соли 2018 тариќи тестї гузаронида мешавад. Телефонњо барои тамос: 8(3222) 2-84-64 ва 918-82-25-98.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Носирљон МАЪМУРЗОДА
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 14.02.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8550 нусха Нишонии мо: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Логинов 12. Телефони сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896