ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №8 (3297)
ПАНЉШАНБЕ, 18 феврали соли 2021
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
«Вазъи имрўзаи љањон ва минтаќа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Ќуввањои Мусаллањи кишвар беш аз њар ваќти дигар таваљљуњи љиддї дињем. Зеро вазифаи аз њама муњим - њимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва њифзи суботу оромии љомеа, пешгирї ва бартараф кардани њама гуна тањдиду хатарњои берунї, таъмини волоияти ќонун ва тартиботи љамъиятї ба зиммаи Ќуввањои Мусаллањ ва маќомоти њифзи њуќуќ вогузор гардидааст». (Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 январи соли 2021)
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ШАЊРУ НОЊИЯЊОИ МИНТАЌАИ КЎЛОБ
Шањри КЎЛОБ Санаи 12 феврали соли љорї раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо маќсади аз наздик шинос шудан бо рафти корњои сохтмониву ободкорї аз њудуди Минтаќаи озоди иќтисодии
“Кўлоб” боздид ба амал оварда, дар маъракаи нињолшинонї ширкат варзиданд. Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки корњои сохтмони марњилаи аввали панљарабандии њудуди Минтаќаи озоди иќтисодии “Кўлоб” дар доираи лоињаи тасдиќгардида ва талабо-
ти муќарраргардида бо дарозии 800 метр анљом ёфта, дарозии умумии панљарабандии гирду атрофи он 9,3 км-ро ташкил дода, марњила ба марњила пурра панљарабандї карда мешавад. Њамзамон, иброз гардид, ки дар соли љорї оѓози корњои сохтмонии бинои маъмурии Минтаќаи озоди иќтисодї ва дидбонгоњи гумрукии он пешбинї гардидааст, ки тадбири мазкур метавонад ба рушди инфрасохтори минтаќаи мазкур заминаи устувор гузорад. Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки корњои сохтмонии нахустин субъект ЉДММ “Тољик Алмос” оид ба бунёди корхонаи истењсоли њавотозакунакњои равѓанї ва њавої (воздушные и масленние филтры) оѓоз гардида, бо маром идома дорад. Зимни боздид аз њудуди минтаќаи мазкур раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар маъракаи нињолшинонї иштирок намуда, дар ин раванд бо маќсади боз њам ободу зебо гардонидани даромадгоњ ва гирду атрофи
Ноњияи МУЪМИНОБОД 13 феврал раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар доираи сафари кории худ дар ноњияи Муъминобод аз кишти картошка дар хољагии дењќонии ба номи Бобои Назари Љамоати дењоти "Шамсиддини Шоњин" дидан намуд. Дар ин мавзеъ имрўз, бо иштироки раиси вилоят, мавсими кишти картошкаи лалмии барваќтї оѓоз гардид. Картошка дар ќаторњои байни дарахтони боѓистони мазкур кишт карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки хољагии мазкур соли 2010 ташкил ёфта, дорои 3 гектар замин аст. Аз ин 1 гектараш боѓи мевадињанда, аз ќабили себ, гелос, зардолу ва нок мебошад. Соли гузашта њам хољагидорон дар ќаторњои боѓи мазкур картошкаи лалмии таљрибавї кишт карда буданд ва њосили хуб ба даст оварда, имсол њам ин таљрибаро ба кор мебаранд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, ки ихтисосманди соњаи кишоварзї мебошад, зимни суњбат бо хољагидорон барои истифодаи самараноки замин ва сари ваќт ба анљом расонидани кишти картошкаи барваќтї тавсияњо дод. Сипас, раиси вилоят аз љараёни корњои барќарорсозии токзор дар мавзеи Љалоќи Љамоати дењоти "Дењибаланд" боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки мавзеи Љалоќ дар њудуди Љамоатњои дењоти "Дењибаланд" ва "Боѓгаї" доман афрохта, солњои 70-уми асри 20 бунёд гардидааст. Корњои барќарорсозии 200 гектар майдони токзор дар асоси дастуру њидоятњои Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оѓоз гардидааст. Айни замон корњои барќарорсозї дар 60 гектар, аз љумла нарм кардани бехи нињолњо, шудгори байни ќаторњо ва башаклдарории нињолњо идома дорад. Дар наздикии майдони токзор соњибкори мањаллї ба барќарор намудани собиќ корхонаи истењсоли шароб шурўъ намудааст. Айни њол корњои сохтмонї дар иншооти мазкур бо љалби мутахассисон оѓоз гардида, дар сурати ба истифода додани он таќрибан 20 нафар ба љойи кори доимї таъмин мегарданд.
Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, њамчунин, аз корњои сохтмонї ва таъмири роњи байни дења дар мавзеи Гулистони Љамоати дењоти ба номи Нуралишо Назаров дидан намуд. Айни њол дар дењаи мазкур сохтмони фермаи чорводорї барои нигоњубини 100 сар чорвои калони шохдор ва дар масоњати 3 гектар боѓи интенсивї, истироњатгоњ иборат аз 14 кат идома дорад. Худи њамон рўз раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар доираи мулоќоту вохўрињо бо сокинони шањру ноњияњо љињати шарњу тавзењи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо фаъолони ноњияи Муъминобод мулоќот намуд. Дар мулоќот таъкид карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки санаи 26-уми январи соли равон ироа гардид, фарогири тамоми самтњои сиёсати дохилї ва хориљии кишвар буда, он њамчун як њуљљати муњим ва роњнамои зиндагии њар фарди кишвар ба њисоб меравад. Бо ёдоварї аз нуктањои муњими Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ќайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби љањон дар соли 2020 дар Тољикистон соњањои иќтисодиву иљтимої рушд намуда, дастовардњо афзун гардиданд. Тавре ки Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатї изњор доштанд: «Дар натиљаи пањн шудани бемории сироятии ко-
минтаќа як ќатор дарахтони сояафкану ороишї шинонида шуд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар љараёни сафараш ба шањри Кўлоб аз рафти корњои сохтмонї дар Маркази фарњангїфароѓатї дар Љамоати дењоти “Зарбдор” дидан намуда, дар маросими кишти картошка дар кооперативи истењсолии «Хатлон» иштирок намуд. Инчунин, раиси вилоят бо фаъолияти Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї ва Маркази илмии «Њамадоншиносї» шинос шуд. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентї барои хонандагони болаёќат дар шањри Кўлоб» вобаста ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї вохўрии раиси вилоят бо фаъолони шањру дењоти Кўлоб баргузор гардид. Раиси вилоят дар доираи сафари худ, њамчунин, ба аёдати собиќадори мењнат Бозор Эргашев рафта, бо ў мулоќоти самимї анљом дод.
ронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иќтисодї ва афзоиши бесобиќаи бекорї вазъияти сайёра боз њам печида гардида, ба буњрони бисёр шадиди иќтисодиву молиявї ва иљтимої рў ба рў омад. Мувофиќи арзёбии коршиносони байналмилалї чунин буњрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули љиддии иќтисодиёти љањон гардид. Паёмадњои пандемия ба иќтисодиёти кишварњои љањон, аз љумла ба рушди иќтисоди миллї, буљети давлатї, гардиши савдои хориљї, ќурби асъори миллї, инчунин, ба фаъолияти корхонањои саноативу муассисањои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне, мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иќтисодиву молиявии љањонї фаъолият карда, бо вуљуди мушкилоти пешомада, љињати пешгирї намудани пайомадњои буњрон ва њифзи амнияти иќтисодии мамлакат як ќатор чорањои фавриро роњандозї кардем”. Ќурбон Њакимзода, њамзамон, изњор дошт, ки бо дастуру њидоятњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ва иљрои сариваќтии вазифањои муайянгардида ва истифодаи самараноки захирањои мављуда соњањои сайёњї, роњсозї ва саноат рў ба рушд мебошанд. Имсол аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон роњи мошингарди Муъминобод-Чилдухтарон дар масофаи 20 км мумфарш мегардад. Раиси вилоят бо назардошти имконот ва зарфиятњои ноњияи Муъминобод ба роњбарияти ноњия љињати таъмини рушди соњаи саноат, ташкили корхонањои нав, истифодаи самараноки замин, бо љойи корї таъмин намудани ањолї, дастгирии ятимону ниёзмандон дастуру супоришњо дод. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон
Мењрнома
ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ба сегоникњои хуросонї хонаи истиќоматї таќдим намуд суњбат ороста аз тањсил ва шароити зиндагиашон пурсон шудем. Онњо аз шароити хуби тањсил ва зиндагї ширин-ширин њарф зада, бо як ифтихори баланд гуфтанд: “Мо наберагони Эмомалї Рањмонем, ў бобои ширини мо мебошад, ба мо ин хонаро туњфа кардааст, то дар шароити хуб зиндагї кунему мактаб хонем”. Дар хона њузури модари сегоникњо Марњаборо надида, дар куљо буданашро пурсон шудем. Бобои Љаббор ба сукут рафт, аз дидагонаш ашк љорї шуданд. Бо овози ларзон: “Духтарам љавонмарг шуд, рўйи кўдакони ширинашро ба серї надида, дар ибтидои соли 2020 аз олам даргузашт”. Хабари ин мусибат моро низ ѓамгин намуд. Бобои Љаббор суханашро боз идома дод: “Духтарам шабу рўз шукронаи Пешвои миллат, инсони мардумпарвар муњтарам Эмомалї Рањмонро мекард, барои ѓамхориву дастгирињояш арзи сипос менамуд. Њадяи Љаноби Олиро “Хонаи мењр” унвон карда буд, мењри Сарвари давлат ба сегоникњо ва таваљљуњ ба як оилаи одии Тољикистони азиз. Акнун хотирамон осудаву диламон пур аст, ки дар гирдоби мушкилоти зиндагї танњо нестем, Президенти мардумї Эмомалї Рањмон ѓамхору сарпаноњи мо аст”, мегуфт Марњабо. Њаќ ба духтарам буд. Сокинони шарифи љумњурї Эмомалї Рањмонро Президенти мардумї хонданд ва бо ин
Соли 2009, дар рўзњое, ки олами Ислом 1310-солагии бузургдошти имоми Аъзам - Абўњанифа Нуъмон ибни Собитро љашн мегирифт, дар хонадони сокини дењаи Бўрёбофони Љамоати дењоти “Ќизилќалъа”-и ноњияи Хуросон Иброњим Боймањмадов якбора 3 тифли дўстрўяк-2 писарча ва як духтарча ба дунё омаданд. Падару модари хушбахт Иброњим ва Марњабо Боймањмадовњо, бобою бибињои тифлони навзод, дигар хешону наздикони ин нафарони хушпайиќадам, ки аз пайравони содиќи мазњаби Њанафия ба шумор мераванд, таваллуди тифлакони ширинро дар рўзњои фархундаи љашн фоли нек ва њадяи Худо дониста, ба сегоникњо номи арзандаву муносиб гузоштанд. Ба писарњо Имому Аъзам ва ба духтарча Бибињанифа номгузорї намуданд. Баъди ба дунё омадани сегоникњо шумораи фарзандони ин хонадон ба 6 нафар расид. Њамон рўзњо хабарнигорони рўзномаи вилоятии “Хатлон” ба табрики ин хонадони хушбахт рафта, мушоњида намуданд, ки оянда ин хонадони одии дењотї, тифлони онњо ба кумаку дастгирї, махсусан ба хонаи истиќоматї, сахт ниёз доранд. ...Аз он рўйдоди хурсандибахш беш аз 10 сол гузашт. Њоло Имом, Аъзам ва Бибињанифа мактабхонанд, дар синфи чорум тањсил мекунанд. Мо тасмим гирифтем дар ин рўзњои омодагињо ба љашни бузург 30- солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, ки соли љорї таљлил мегардад, аз њолу ањволи кунунии сегоникњо хабар бигирем. Дар ин сафар моро бобои кўдакони некрўз (падари модарии кўдакон) Љаббор Обидов, нафаќахўр, собиќ корманди милиса, роњбаладї кард. Ў дар рафти суњбат аз он рўзњои тавлиди сегоникњо ёдовар шуд ва дар чашмонаш ѓайриихтиёр ашк њалќа зад. Бобо нишонаи миннатдорї аз Пешвои миллат бо самимияти бепоён њарф зада, аз љумла чунин изњор дошт: -Он рўзњои ба дунё омадани сегоникњо њаво сарду сербориш буд. Азбаски бинои хона куњнаву фарсуда шудаву тангу торик ва намгирифта буд, ба саломатии тифлакон бетаъсир намонд. Чанд муддат онњоро дар хонаи худам оварда нигоњубин кардам. Шукри Парвардигор Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон оилаи љавонро бо мушкилоти зиндагї яккаву танњо нагузошт ва ба ѓамхории падарона фаро гирифт. Пешвои миллат аз мањаллаи навбунёди Чорбоѓи Љамоати дењоти ба номи Айнии ноњияи Хуросон, ки барои мардуми аз офати табиї-селборону фаромадани лойќа зарардида арзи њастї кард, хонаи 5-њуљрагии замонавї ва дорои тамоми љињози рўзгор туњфа карданд. Ашхоси саховатпеша ва ташкилоту муассисањо ва идорањои вилоятї низ иќдоми хайрхоњонаи Президенти мардумї муњтарам Эмомалї Рањмонро дастгирї намуда, сегоникњоро бо сарулибос ва аробачањо, инчунин, оилаи хушбахтро бо маводи ѓизої таъмин карданд. Ваќте ки мо ба хонадони сегоникњо расидем, онњоро рўйи њавлї машѓули бозї дарёфтем. Бо онњо
Дар акс: Имом, Бибињанифа ва Аъзам
фарзанди фарзонаи миллат ифтихор доранд. Пешвои миллат офтобест, ки нурњояш ќалбњоро гарму манзилњоро рўшан мекунад ва ба кас неру мебахшад. Њар ваќте ки аз боби ватани азизамон-Тољикистони бињиштосо, аз миллати тамаддунофари тољик, сулњу вањдати миллї њарф мезанем, Эмомалї Рањмон пеши назар меояд. Рушди кишвар, зиндагии шоистаи мардум, ободониву созандагињо низ, ба Пешвои миллат марбут аст. Дар анљоми суњбат бобои Љаббор даст ба дуо бардошта, эњтирому эътимоди хешро чунин баён намуд: “Барои ѓамхорињои падарона аз Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон миннатдорем, аз ў ифтихор дорем. Шукрона мекунем, ки барои мо шароити хуби зиндагиро муњайё намудааст. Зиндаву љовидон бимонї, Пешвои муаззами мо!” Саттор ЌАРАХОНОВ, «Хатлон» Аксбардор М. АШЎРОВ
ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОЇ» ЉАМЪБАСТ ГАРДИД
Рўзи 12 феврали соли равон дар маркази вилоят шањри Бохтар даври вилоятии озмуни “Дастархонорої” баргузор гардид. Дар ин чорабинї намояндагони 25 шањру навоњии вилоят њунари хешро пешкаши њакамон гардониданд. Хонњои пур аз хўрокњои миллї, хўришу нўшоба, мањсулоти нонї бо чењраи кушодаи кадбонуњои хушсалиќа таваљљуњи иштирокдорони чорабиниро ба худ љалб менамуд. Кадбонуњои чирадаст тавонистанд дар ин озмун хўрокњои миллии анќариб ба гўшаи фаромўшї рафтаро аз нав омода намуда, пешкаши њакамон гардонанд. Тавре ки муовини раиси вилояти Хатлон Фирўза Шарифї дар оѓози чорабинї таъкид дошт озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Љумњурии Тољикистон ва ќарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи баргузории фестивал, ид ва озмунњои анъана ва њунарњои мардумї барои солњои 2019-2021, бањри дар амал татбиќ намудани чорабинињо дар самти эълон гардидани Солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї роњандозї гардидааст. - Мардуми тољик аз азал соњиби тамаддун, фарњанг, таърихи куњан буда, бо расму русум, одоби мењмондорї, арљ гузоштан ба мероси ниёгон ном баровардаанд. Модари тољик дар баробари бо фазлу иффат будан, бо њунари табохиву омода намудани хўрокњои миллї, нону кулчањои болаззат ва ќабулу иззати мењмон ном баровардааст, - ироа дошт муовини раиси вилоят зимни суханронї дар чорабинї.
Дар њаќиќат, аз омодагии њамаљонибаи кадбонуњои боњунар, намояндагони шањру ноњияњо толори бошукўњи мењмонхонаи “Сайри орзу” њусну таровати дигар гирифта буд. Њунармандону кадбонуњои бењамто аз шањру ноњияњои вилоят њар кадом бо усулњои хоси мањалли худ хони пурнозу неъмат ороста буданд. Тавре ки намояндаи ноњияи Ховалинг Наргис Њикматова баён дошт, дар ин чорабинї шурўъ аз ќурутоб, шакароб, мошкучурї ва дигар таомњои миллї то нўшобањои гиёњњои шифобахши мавзеи Ховалингро пешкаши њаводорон гардонида буданд. Мудири бахши дин, танзими анъана ва љашну маросими маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Шамсиддин Шоњин Љамолиддин Файзалиев иброз дошт: Боиси хушнудист, ки имрўз дар мењане рўзгор, кору фаъолият дорем, ки сулњу вањдат ва истиќлолият тантана дорад. Њунармандони ноњияи Ш. Шоњин дастархони хоксоронае оростанд, ки аз хўрокњои ќадима гандумљўш, шарбату талќон, биринљоваву полудањои мевањои мавзеи Даштиљум, ки шифобахши њама дардњост, иборатанд. Бунафша Худойназарова, аз ноњияи Темурмалик низ дар баробари муаррифии хўрокњои миллї оид ба фоиданокии њар як навъи хўрок ва хўришњо бо як њиссиёти модарона сухан мекард ва њамагонро сари миз даъват менамуд. Хўрокњои гуногуне, ки кадбонуњои 25 шањру навоњї ба озмун пешнињод намуданд, аз ќабили ширкаду, фатирмаска, чанголї, кумоч, ќурутоб, умоч, гандумкўчаву шакароб, оши палав ва хўришњои гуногун аз меваву сабзаљот, нўшобањои роњатфизо боз як бори дигар аз њунармандии волои модари тољик дарак медод. Њайати њакамон ба њунару мањорат, одоби ќабули мењмон, тарзи дурусти ороиши дастурхон, љобаљогузории анвои хўрока диќќати љиддї дода, ба хонњои оростаи иштирокдорон ва њунари онњо бањогузорї намуданд. Тибќи хулосаи њакамон љойи якум ва дипломи дараљаи 1 насиби њунармандони ноњияи Ховалинг, љойи дуюм ба ноњияи Абдурањмони Љомї ва љойи сеюм ба шањри Кўлоб насиб гардид. Ба њамаи иштирокчиёни озмуни вилоятии «Дастархонорої» сипосномаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»
2
ХАТЛОН
ПАНЉШАНБЕ, 18 феврали соли 2021, №8 (3297)
Аз сањифањои таърих
Њамовозї ба Паём
АВРОЌИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОЊИБИСТИЌЛОЛЇ
РАЊНАМОИ ЉАВОНОН Мо-љавонон аз Президенти мардумии худ ифтихор дорем. Зеро Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба љавонон таваљљуњи зиёд зоњир намуда, пайваста онњоро дастгирї мекунад. Аз љумла, барои тањсилу соњибкасб шудан ва барояшон фароњам овардани шароити корї ѓамхории падарона менамояд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ, аз љумла чунин гуфтааст: “Љавонони мо дар рушди тамоми соњањои иќтисодиву иљтимоии кишвар сањми арзишманд гузошта, наќши онњо аз иштирок дар бунёди иншооти азими миллат то хизмати содиќона дар сафњои Ќуввањои Мусаллањ-њифзи сарњади давлатї, суботу оромии давлат ва њаёти осоиштаи мардуми Тољикистон ар-
Бо ибтикори роњбарияти Суди вилояти Хатлон, масъулон ва раиси Суди шањри Левакант бо кормандони соњањои мухталифи шањр ва сокинон оид ба нуќтањои асосии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон суњбат доир намуданд. Рустам Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки сокинони ќишрњои гуногуни љомеа, бахусус кормандони маќомоти Суди вилояти Хатлон, аз иро-
зандаи тањсин ва боиси ифтихори њар яки мо мебошад”. Мо-љавонон бо боварии комил дастгирињои самимонаи Пешвои азизи худро ќадрдонї карда, сањми худро дар њама љабњањои њаёти кишвар мегузорем. Имрўз ќисми зиёди хизматчиёни њарбї ва маќомоти њифзи њуќуќро љавонон ташкил медињанд. Онњо хуб дарк мекунанд, ки њисси баланди миллї, худшиносиву худогоњї, ватандўстиву ватанпарастї ва садоќати љавонон ба ватан, миллат ва обу хоки аљдодї гарави амнияту осоиши љомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тољикистони соњибистиќлол мебошад. Њамзамон, дар Паём таъкид меравад, ки ба масъалањои баланд бардош-
тани малакаи касбии судяњо, тайёр намудан ва интихобу љобаљогузории дурусти кадрњо, роњ надодан ба кирдорњои коррупсионї эътибори љиддї дода мешавад. Имрўз шумораи зиёди кормандони Суди иќтисодии вилоятро љавонон ташкил медињанд. Дар ин љо ба мо-љавонон таваљљуњи зиёд дода мешавад. Аз таљрибаи кории собиќадорони соња, ки мактаби омўзиш аст, нозукињои касбро аз худ намуда, дар амал истифода мекунем. Паёми Пешвои миллат барои фаъолияти системаи судии кишвар њамчун њуљљати рањнамо ва дастурамал гардидааст. Аз љумла, барои мо-љавонон њуљљати рўйимизї ба њисоб рафта, самти фаъолияти худро ба он мувофиќ
намудаем. Дар љавоби ѓамхорињои падаронаи Сарвари давлат ба касби худ содиќ монда, ба халќу ватани азиз хизмати шоиста мерасонем. Заррина АМИНОВА, корманди дастгоњи Суди иќтисодии вилояти Хатлон
РЎ БА РЎ БО МАРДУМ аи Паёми навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон рўњу илњоми тоза гирифта, онро сармашќи кору роњнамои худ дар зиндагї мешуморанд. Дастуру супоришњои Роњбари давлат бобати баланд бардоштани сатњи донишу таљрибаи кормандони маќомоти суд, ки барои дар сатњи бењтар таъмин намудани адолати
иљтимої ва њифзи њуќуќњои шањрвандон мусоидат мекунад, њамчунин, аз андози ягонаи замин озод намудани кишоварзон шањодат аз он медињад, ки Пешвои муаззами миллат ба бењбудии сатњи зиндагии ќишри зањматкаши љомеа-кишоварзон таваљљуњи беандоза дорад. Зеро ин иќдоми сариваќтии Сарвари давлат барои самаранок исти-
фода намудани замин ва то се њосил рўёнидан аз заминњои корами обї, наздињавлигї ва ёрирасон наќши асосї мегузорад. Дар вохўрињо сокинони дењот гуфтанд, ки бо маблаѓи андози ягонаи замин соли равон нурињои менералї ва зањрхимикатњо харида, аз заминњои кишоварзї њосили баланд мерўёнанд. Заррина Давлатзода, раиси
шањри Левакант, аз иќдоми неки роњбарияти маќомоти Суди вилояти Хатлон бобати таблиѓу ташвиќи нуктањои муњими Паёми Президенти кишвар миёни ањолї ёдоварї гардида, илова дошт, ки чунин вохўрињои рў ба рў имкон медињад, ки сокинон вобаста ба мушкилињои гуногуни њаётї ба роњбарияти маќомоти судї мурољиат намоянд. Њасан АБДУРАЊИМЗОДА, «Хатлон»
САЊМГУЗОРЇ ДАР ОБОДОНИИ ДЕЊОТ Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии кишвар барои њар як шањрванди ватани азизамон дастурамали фаъолияти кору зиндагї ба шумор меравад. Роњбари давлат дар Паёмашон таъкид доштанд, ки аз њисоби соњибкорону шахсони некандеш 18 њазору 300 иншооти гуногун ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёд ёфтааст. Ба ин хотир, ба соњибкорону шахсони хайрандеш љињати рушду ривољи корњои ободониву бунёдкорї изњори сипос намуданд.
Дар ноњияи Ёвон соњибкорони бонангу ватандўст зиёданд ва дар бунёди корхонаву марказњои хизматрасонї, муассисањои таълимї ва тиббї, роњу равшаннамої сањми арзандаи хешро гузоштаанд ва ин ободкориву бунёдсозињо имрўз дар сар то сари ноњия вусъати тоза касб намудааст. Акбар Ѓуломов, Бањриддин Љўрахонов ва дигаронро метавон ном бурд, ки дар корњои ободониву бунёдкорї, дасти кумак расонидан ба ятимону маъюбон сањм доранд. Танњо дар њудуди Љамоати дењоти “Ситораи сурх”, ки беш аз 24 њазор
ањолї сукунат дорад, аз 23 иншооти ба наќшагирифташуда 18-тои он сохта, мавриди истифода ќарор ёфтааст. Сохтмони 4 иншооти дигар дар арафаи анљомёбист. Дар 11 мањалла равшаннамоии кўчањоро ба анљом расониданд. Аз љониби соњибкорони мањаллї ба маблаѓи 200 њазор сомонї ба оилањои камбизоат ва табибони њозиќ, ки дар давраи бемории КОВИД-19 шабонарўзї њамдаму њамроњи беморону ањолї буданд, кумаки молиявї расонида шуд. Бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон дар дењаи Навобод маркази саломатии њозиразамони дорои тех-
никаву таљњизоти муосир ба истифода дода шуд. Айни замон дењќонони љамоати мо аз њар ваљаб замин пурсамар истифода бурда, дар таъмини амнияти озуќавории мамлакат, ки яке аз њадафњои стратегии кишвар мебошад, сањм мегузоранд. Мањмадрасул СОЛИЕВ, муовини раиси Љамоати дењоти «Ситораи сурх»-и ноњияи Ёвон
ТАВСИЯ
БАТАТ - КАРТОШКАИ СЕРЊОСИЛ Батат ё худ картошкаи ширин ѓизои дўстдоштаи мардумони ќораи гарми олам ба њисоб меравад. Дар заминњои шароиташон барои кишти ин сабзавот мусоид аз 1 гектар метавон то 55 тонна њосил бардошт. Бехи картошкаи батат бо картошкаи маъмулии кишвари мо монанд аст. Ватани аслии батат Америкаи Марказї ва Љанубї мебошад. Ин сабзавотро дар асри ХVI Колумб аз Америко ба Европа оварда буд. Тибќи маълумотњо дар кишварњои љањон соле дар майдони то 13 миллион гектар картошкаи ширин кишт карда мешавад. Аз љумла, дар Индонезия ин сабзавотро дар майдони наздик ба 600 њазор гектар, Љопон 450 њазор гектар, Чин зиёда аз 300 њазор гектар парвариш намуда, аз он њосили хуб мебардоранд. Батат растании бисёрсола, вале дар шароити киштукор зироати яксола ба шумор меравад. Дар решањояш лундањои мудаввар ё байзашакл ташак-
кул ёфта, вазнаш аз 200 грамм то 10 кило мешавад. Пояаш монанди палаки каду пањн ва дарозиаш то 2-5 метр аст. Солњои сиюми асри ХХ дар
аз Љумњурии Украина то Тољикистон парвариш кардан мумкин аст. Аз њама минтаќаи хуб барои киш-
ќаламрави Иттињоди Шўравї растанишиносон парвариши бататро санљида, кўшиш ба харљ доданд, ки сабзавоти муфидро пањн ва аз он њосили фаровон бардоранд. Таљрибаи чандинсола нишон дод, ки бататро дар ќисми љануби собиќ Иттињоди Шўравї сар
ту парвариши батат иќлими Тољикистон, бахусус водињои Вахшу Њисор арзёбї мегардад. Картошкаи бататро аз моњи апрел аз кўчати он ба замин шинонида, ду маротиба коркарди байни ќаторњои он ба љо оварда мешавад. Дар муддати парвариши он, ки аз 120 то 160
рўз тўл мекашад, киштзорро 10-12 маротиба бояд шодоб кард. Њамин тавр, њосили картошкаи батат аз охирњои моњи август то оѓози моњи сентябр пухта мерасад ва шурўъ аз моњи октябр њосили онро љамъоварї намудан мумкин аст. Аз таљрибањо дар самти парвариши картошкаи батат дар кишвари мо бармеояд, ки ин мањсулоти серњосил дар шароити иќлими ноњияњои вилояти Хатлон аз 1 гектар то 55 тонна њосил медињад. Ин дар њолест, ки њосилнокии картошкаи мањаллї дар 1 гектар ба 20-26 тонна рост меояд. Таркиби батат аз витаминњо, намакњои маъданї, равѓан, ќанд ва дигар моддањои барои солимии бадани инсон муфид ѓанї аст. Дар баъзе кишварњои олам картошкаи бататро бо усулњои гуногуни хушконида аз он орд њам истењсол мекунанд. Тибќи мушоњидањо аз 100 килограмм картошкаи батат 30 килограмм орд истењсол мешавад. Аз орди
ЃИЗО БА ПАРАНДАГОНУ ЊАЙВОНОТ Зимистони имсола хеле барваќту сард омад. Барои парандагону њайвонот мушкилоти ѓизої пеш овард. Кормандони Муассисаи давлатии хољагии љангали ноњияи Панљ дар давраи сардињои зимистони имсола хеле сертараддуд буда, дар мавзеъњои Кировобод, Ќаратов ва Бўбулоќ бо маќсади
пешгирии нобудшавии парандагону њайвонот чорабинињои таъљилии биотехникї гузарониданд. Бо маќсади нигоњ доштани олами њайвонот кормандони ин нињод зиёда аз 200 килограмм ѓалладона, 500 килограмм коњ, беш аз 100 килограмм намак ва дигар намуди маводњои ѓизої барои паранда-
гону њайвонот дастрас гардид. Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии хољагии љангали ноњия 43 њазору 956 гектар майдони умумї дошта, аз ин миќдор 17 њазору 823 гектарро љангал ташкил медињад. Дар љангалзори муассиса гург, рўбоњ, хорпушт, кабк, кабўтар ва дигар намуди парандаго-
амудї дар чуќурии 35 метр канда, дар назди он фермаи мурѓи марљон ташкил намуданд. Мурѓи марљон дар ин хољагї ба таври табиї парвариш меёбад. Саршумори мурѓи марљон дар як муддати кўтоњ афзоиш ёфта, фарбењу солиманд. Хољагидорон маќсад доранд соли оянда саршумори ин навъи парандаро зиёд кунанд. Лутфулло Ќармишев
сањмдори хољагї дар суњбат чунин иброз дошт: “Баъди бунёди ферма дар хољагї њамагї 32 мурѓи марљон харидорї карда будем ва дар муддати 8 моњ саршумори он ба 300 сар расид. Дар соли оянда саршумори онро ба 1000 сар расониданием”. Хољагидорон мегўянд ин мавзеъ барои парвариши мурѓи марљон хеле мусоид
Холмањмад ЊАСАНОВ, омўзгори коллељи махсусгардонидашудаи шањри Бохтар
ну њайвонотро дидан мумкин аст, ки муњофизати онњо дар шароити сардии зимистон вазифаи љангалбонњо мебошад. Бо вуљуди хунукињои имсола кормандони Муассисаи давлатии хољагии љангал аз тамоми имкониятњои мављуда самаранок истифода бурда, њайвоноту парандагонро аз нестшавї нигоњ медоранд. Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»
ПАРАНДАПАРВАРЇ ДАР ТЕМУРМАЛИК Хољагии дењќонии ба номи Назрулло Ќармишев дар Љамоати дењоти “Бобоюнус Худойдодзода”-и ноњияи Темурмалик 18 гектар замини корами лалмї дошта, аслан ба ѓаллакорї машѓул мебошад. Њамасола аз ин замин њосили хуби гандуму љав ба даст меоранд. Имсол бошад, барои бењтар намудани вазъи иќтисодии хољагї як чоњи
картошкаи батат бидуни ба он њамроњ кардани шакар, њар гуна кулчаќандњои лазиз пухтан мумкин аст. Ба љуз орд, аз батат мањсулоти кашк, макарон, оњар, квас, мураббо, спирт ва дигар нўшокињову хўрокворї омода кардан мумкин аст. Картошкаи батат бо усули кўчат ба тарзи чоркунљаи тоќа-тоќа дар масофаи 70 ба 70 сантиметр шинонида мешавад. Бо дарназардошти фоиданокиву серњосилии ин мањсулоти ниёзи мардум хуб мешуд, ки кишоварзони мо ба кишту парвариши ин навъи картошкаи аз њар љињат муфид бештар рў биёваранд. Барои дарёфти тухмї ва кўчати картошкаи батат хољагидорон метавонанд ба Филиали Донишкадаи зироаткории вилояти Хатлон воќеъ дар шањри Бохтар мурољиат намоянд. Љамол ЉУМАЕВ, мудири омўзишгоњи Филиали Институти зироаткорї дар вилояти Хатлон
аст ва аксари сокинони дењаи Чилча низ мурѓи марљон парвариш мекунанд. Вазни миёнаи ин паранда беш аз 8 килограмм мешавад ва дар як сол то 250-270 тухм мегузорад. Гарчанде заминњои хољагї корами лалмї ва нисбат ба дигар хољагињо майдони камтар дорад, хољагидорон аз он самаранок истифода мебаранд. Баъди љамъоварии
ѓалладонагї то давраи шудгору кишти тирамоњї мурѓњо аз ин љо дон меёбанд. Дар баробари бунёди фермаи мурѓи марљон як гармхона низ сохта ба истифода додаанд, ки дар он 40 бех нињоли лимў сабзиши хуб доранд. Вобаста ба имконият роњбарияти хољагї кўшиш дорад майдони гармхонаро боз њам васеъ намуда, саршумори парандаро низ афзоиш дињад. Ширинљон САФАРЗОДА
(Идома аз шумораи №7) СОЛИ 1993. Бо вуљуди он ки дар Иљлосияи ХV1 Шўрои Олии Тољикистон њама ба як ќарор омада, бо тарафдории аксарияти вакилон Эмомалї Рањмон ба њайси раиси Шўрои Олї интихоб шуд ва ба дигар вазифањои њукуматї роњбарон таъйин гардиданд, вале њанўз дар минтаќањои алоњида задухўрд давом дошт.
Тољикистон ва сиёсати пешгирифтаи роњбарияти олимаќоми он боварї ва иштиёќи дўстидошта кам набуд. Њамин буд, ки то охири соли 1993 Љумњурии Тољикистон ба узвияти як ќатор созмонњои байналмилалї ва минтаќавї пазируфта шуд ва давлати тозаистиќлоламонро 114 мамлакати љањон ба расмият шинохтанд.
Њукумати мамлакат, баъди он ки ќисмњои њарбии мутааллиќ ба Иттињоди Шўравии дар ќаламрави Тољикистонбударо дигар ба ихтиёр надошт, Артиши миллии худро ташкил дод, ки он чун пешина ба 23 феврал рост омад. Ин иќдом, албатта, дар шароити нињоят вазнини иќтисодиву сиёсии кишвар аслан осон набуд, вале роњбарияти давлату Њукумат, ки азми барќарории давлати демократї, њуќуќбунёд, ягона ва дунявиро маќсад пеш гузошта буданд, ташкили Артиши худиро зарур шумориданд ва ваќт нишон дод, ки ин ќувва барои ватани худ содиќ мемонад. Љумњурии Тољикистон, ки узви комилњуќуќи Созмони Милали Муттањид гардида буд, ин созмон дар ин љо намояндагии доимии худро таъсис дод. Фиристодагони ин созмони бонуфуз ба раванди давлатдорї, њаёти мардум аз наздик шинос шуда, љињати расонидани кумак хабар медоданд. Вале гурезањои иљборї ё ин ки бо дасисаи гурўњи мансабталош хоки аљдодиро тарккарда њанўз дар хоки бегона буданд. Як сухани Роњбари давлат Эмомалї Рањмон, ки аз ќалби реш дар фироќи њамватанон ба воситаи телевизион мурољиат карда буд, бегумон дар ќалби онњое, ки онро шуниданд, азми баргаштанро бедор намуд, њарчанд, то он рўз њанўз кўшишњои зиёде дар пеш буд: «Магар нолаи чуѓзе нашунидаед, ки манзилатон ба ёд намеояд? Хонаи шумо танњо ба шумо насиб мекунад… Ба ватан баргардед... Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо њам бе ватан пурра нестед. Сарзамини мењмоннавози афѓон барои шумо нишемангоњ аст, аммо замини хуни нофрехтаи шумо инљост! Ёд доред, ки мегўянд: «Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар…»». Новобаста ба вазнинии вазъият дар минтаќањо Сарвари давлат пайваста сафар мекард, бо забони мардумї бо сокинон мулоќот менамуд, ки њамаи ин ба воситаи манбаъњои иттилоотї васеъ инъикос мешуд. Њарчанд, наќши васоити ахбори омма дар баргардондани гурезањо бесобиќа аст, вале дар ин миён барномаи «Хоки ватан»-и радиои Тољикистон махсус боиси ќайд аст. Чунки ин барномаро баробари журналистони касбї занону бонувон, пирону кўдакон бо суханрониву рубоисароињояшон пурра мекарданд, аз пайвандону наз-диконашон даъват ба амал меоварданд, ки ба ватан баргарданд. Суханони аз ќалб баровардаи онњо њар нафари роњдурро ба сўи ватан мекашид. Бо вуљуди он ки дар дохили кишвар љанги шањрвандї идома дошту бархе аз роњбарони минтаќањои мансабталош, озодфикрони худхоњ, ањли зиёи кундќалам саргарми андешањои носолим тарафкашї мекарданд, дар аќсои олам кишварњои ба устувории давлату Њукумати ќонунии
Дар соли 1993 иќдомњои нав ба нави Сарвари давлат аз ояндаи нек шањодат медод. Баргузории Анљумани тољикони дунё, ки дар шањри Душанбе гузашт, мардуми то њанўз аз њаёти њаммиллатони бурунмарзї бехабарро њушдор дод, ки тољику тољиктаборон дар аќсои олам аз он зиёд будаанд, ки мепиндоштанд. Дар вилояти навтаъсиси Хатлон мардум саргарми мењнати доимї буд. Зимистони солњои 1992-1993, ки гарм омад, њама ба љамъоварии пахтаи дар сањромонда баромаданд. Корвонњои мошину тележкањои пахтадор сўи нуќтањои ќабул шабонарўзї дар њаракат буданд. Вале маблаѓи аз он бадастоварда ќобили ќабули нарху навои давр нашуд. Њатто ба ивази нархи як автомашинаи сабукрави фурўхташуда, дар охири сол кас наметавонист як сарулибоси дуруст харид намояд. Яъне, пули дар истифодабуда, ки моли собиќ Иттињоди Шўравї буд, сўи беќурбшавї мерафт. Ба истилоњи њамон давра пул унвони «деревяний»ро гирифт. Чанд нуќтаи вољиби дигар дар бораи рўйдодњои муњими соли 1993, инчунин, таќдири хизматчиёни давлатї, абармардони олами сиёсат, ки дар айёми ошўбњои сиёсї ба канор рафта буданд: Ибтидои сол сохтмони роњи оњани ЌўрѓонтеппаСангтўда-Данѓара - Фархор - Восеъ - Кўлоб сар шуд. Моњи август музокироти байни намояндагони Њукумати љумњурї ва мухолифи тољик мавќеи тарафњоро дар музокироти минбаъдаи байни тољикон аниќ намуд. 27 декабр, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф” ќабул гардид. Баъди ќабули он Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар баромадњояш соњаи маорифро яке аз соњањои афзалиятнок дар сиёсати худ унвон кард. 28 декабр бошад, дар Иљлосияи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ќабул гардид. Ќањњор Мањкамов, ки зери таъсири ќуввањои мухолифин соли 1991 истеъфо дода буд, дар даврони соњибистиќлолї якумра узви Маљлиси миллии Маљлиси Олї дониста шуда, њамчунин, намояндаи Љумњурии Тољикистон дар ЕврАзЭС, раиси комиссия оид ба сиёсати иќтисодї буд. Изатулло Њаёев, ки аз вазифаи раиси Шўрои вазирон, соли 1991 бо њамин роњ истеъфо дода буд, раиси Комитети муносибатњои иќтисодии хориљї таъйин гардид. Худи њамин сол телевизиони вилояти Хатлон ба фаъолият шурўъ кард. Ахиран, Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ба ќароре омад, ки вобаста ба таќозои њаёт, талаботи давлати демократї, сохтори президентии давлатдорї ќабул карда шавад. Ба ин маќсад зарурати интихоботи Президент ва Конститутсияи нав пеш омад... (Идома дорад). Исматуллои Гули ОЛИМ
23 ФЕВРАЛ - РЎЗИ ЌУВВАЊОИ МУСАЛЛАЊИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
ХИЗМАТИ ЊАРБЇ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ
Ќобилшоњ САЙФИДДИНОВ Имрўз фарзандони бонангу номуси кишвари азизу мањбубамон Тољикистон барои хизмати Ватан-Модар омодагии њамаљониба дида, садњо њазор нафар адои хизмати њарбї карда, барои њифзу амнияти давлату миллат шабонарўзї марзњоро аз душманону бадхоњони миллат нигањбонанд. Инак, дар бораи 3 тан љавононе, ки айни њол дар сафи Ќўшунњои дохилии ќисми њарбии 3503-и шањри Бохтар барои њифзи марзу буми ватан адои хизмат мекунанд, наќл мекунем. Ќобилшоњ Сайфиддинов аз ноњияи Кўшониён буда, тўли як солу 11 моњ мешавад, ки дар ќисми њарбии болозикр хизмати Ватан-Модарро сарбаландона адо мекунад. Ў мегўяд, ки барои њар як љавонмард хизмати њарбї ќарз ва њам шараф аст. «Пас аз 1 моњ хизмати харбиро сарбаландона тамом мекунам. Тўли ин солњо дањњо дўсту рафиќ аз њар гўшаи Тољикистон пайдо карда, њамчун бародару додар дар як ќисми њарбї
якљоя хизмат мекунем. Бо њамаи сар- мати њарбї, ки Шабнам аз уњдааш бозону афсарон унс гирифта, мисли мебарояд, ба ин гувоњї медињад. як оилаи мустањкам шудаем», - мегўяд Шабнам Абзалова дар суњбат бо мо Ќобилшоњ. чунин гуфт: «Аз хурдї дар Ќуввањои Падару модари ў дар як моњ як ё Мусаллањ хизмат карданро орзу меду маротиба ба ќисми њарбї омада, кардам ва, хушбахтона, имрўз, дар аз њоли фарзандашон бохабар мегар- даврони соњибистиќлолї ва тинљиву данд. Њамчунин, ба сарбозоне, ки хуб амонї дар ќатори љавонписарон хизхизмат мекунанд, ба хона рухсатї мат мекунам. Барои мо њамаи шароимедињанд. Ў як ту имконият дар ќисми нуќтаро мањз ба низомї муњайё аст ва мо љавононе, ки нав метавонем бањри њифзи меоянд ё саркашї ватан сарбаландона дар аз хизмат мекунанд, хизмат бошем». чунин таъкид меШабнам аз уњдаи кунад: "Хизмат ба њамаи супоришњо Ватан- Модар ќарзи баромада, боварии шањрвандии њар як роњбарияти ќисми љавони ќавииродаву њарбиро ба даст овардабонангу номус аст. Албатта, барои зан аст. Мо-љавонони хизмат кардан мушкил ватандўст бояд аст, аммо ў баробари њељ гоњ њушёриву мардон машќу тамзиракиро аз даст рин мекунад. Сидќан Шабнам АБЗАЛОВА надињем, ба сухамегўяд, ки дар оянда нони ашхосе, ки аз фарзандонашро низ ба берун истода, љавононро аз хизмат хизмати њарбї тайёр мекунад. дилсард карданианд, бовар накунем». -Барои насли љавони имрўза хизмаПрапоршики калон Шабнам Аб- ти њарбї дар сафи Ќуввањои Мусаллањ залова, аз ноњияи Дўстї, дар ќисми мактаби бузурги мардонагї буда, низомї мисли садњо љавонписарон дар ин љо дарси далериву мардонагї хизмат мекунад. Ин аз он гувоњї омўхта, содиќона ва пос доштани медињад, ки шароит дар Ќуввањои арзишњои миллиро меомўзанд,-изњор Мусаллањи кишвар бењтар гашта, дошт Саиднуриддин Љумъа, муовини сафи ихтиёриён меафзояд. командири рота оид ба корњои сиёсї«Хизмат ба ватан мардонагист, тарбиявї дар ќисми њарбии 3503-и агар зан бошад, ќањрамонист», - шањри Бохтар. - Њукумати кишвар рўз мегўянд дар урфият. Бо сари баланд ба рўз њамаи шароитро барои ба љо ба љо овардани тамоми талаботи хиз- овардани хизмати њарбї муњайё карда
истодааст, ки њамаи ин аз ѓамхориву таваљљуњи бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад. Дар љавоб ба њамаи ин ѓамхорињо мо-љавонони кишварро мебояд, ки аз њамаи имконоти мављуда истифода бурда, бањри пешрафту обод гардидани диёри худ сањми арзандаи хешро гузорем,-илова намуд ў. Ба гуфтаи Саиднуриддин Љумъа солњои охир сафи хоњишмандон барои хизмат дар Ќуввањои Мусаллањи кишвар афзудааст. Сараввал, ин аз тинљиву оромї ва шароити хубтари он нисбат ба солњои пешин далолат медињад. Новобаста аз он ки дар чї вазъ ќарор дорему дар кадом њолате
Саиднуриддин ЉУМЪА ки набошем, барои њифзи марзу буми ватани азиз як ќадам ба пешу њамеша мусаллањ бошем. Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»
САНО БАР ЊОМИЁНИ ВАТАН Хизмати Ватан-Модар ќарзи фарзандии њар як шањрванд, хусусан љавонон мебошад. Љавононро мебояд Ватан-Модарро чун гавњараки чашм нигоњдорї намоянд, зеро аз ин ду мафњум арзиши волотару болотаре нест. Сано хонам ватанро њамчун модар, К-аз он боло дигар мадњу сано нест. Оре, њамин ватани ба љон азизамон аст, ки то имрўз дар аќсои олам бо он ифтихор менамоем. Ифтихор менамоем, ки чунин ватани мањбуб дорем. Нишону Парчам, Суруди миллї, ки муќаддасоти миллианд, таљассумгари шукўњу шањомати ватан мебошанд. Пас, њар яки моро месазад, ки ин рамзњои давлатиро бо љон њифзу нигоњдорї намоем. Дар Артиши миллї хизмат кардан шарафу номуси љавонмардони диёр аст. Мањз дар натиљаи хизмати софдилонаи онњо мо-ањли кишвар, дар фазои орому осуда зиндагї ва фаъолият мекунем. Сарбаландем, ки фарзандони мо њомиёни њаќиќии марзу буми кишваранд. Чун сипари боэътимод аскарон моро аз хатарњои ба сарамон меомада муњофизат менамоянд. Шиори љавонмардонаи онњоро Њаким Фирдавсии Тўсї дар китоби «Шоњнома»-и безаволи худ басе љолиб ба ќалам додааст: Њама сар ба сар тан ба куштан дињем. Аз он бењ, ки кишвар ба душман дињем. Шукрона, ки ба шарофати Асосгузори сулњу
вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ватан орому осуда њасту писарони мо дар сафи Артиши Миллї ќарзи фарзандии худро адо менамоянд, роњ намедињанд, ки нохалафу нотавонбине пойи номуборакашро ба марзи муќаддаси мо гузорад. Ман њамчун модар аз он меболам, ки фарзан-
дам Сорбон Њайдаров њоло дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон сарбаландона хизматро адо менамояд. Хизмати ватанеро, ки он барои њар як тољикистонї, бешубња, мисли ќибла ба њисоб меравад: Ватанро ќибла гўям, гар хато нест, Ба сонаш ќиблае аз бањри мо нест. Ба худ моро кашад аз њар каноре, Мисолаш љазбаи оњанрабо нест. Ман ба аќлу заковат, донишу мањорат, поквиљдонї, ватандўстиву мењанпарастии њар як сарбози шуљои ватан бовар дорам ва мутмаинам, ки минбаъд низ аз иљрои супоришњое, ки халќу давлати Тољикистон дар назди онњо гузоштаанд, сарбаландона мебароянд. Ба писари сарбозам Сорбон доимо таъкид менамоям - ту симо ва сипари давлат њастї ва аз ин рў, кўшиш намо, ки ба ин боварї сазовор бошї. Дар ин рўзњои фарањбахш, яъне арафаи љашни бошукўњи родмардони диёр писарам Сорбонљон, ки 5 моњ боз дар Гвардияи миллї хизмат мекунад, инчунин, дар симои ў тамоми муњофизони ватанро модарона, аз самими дил табрику муборакбод гуфта, барояшон хушињои зиндагиро таманно дорам. Дуои мо-модарон ин аст, ки ватанамон пешрафтаву шукуфон ва фарзандонамон доимо дар амон бошанд. Гулнора АБДУРАЊМОНОВА, модари сарбоз
БО ДАЪВАТИ ДИЛ
Чун бо Сафармад шинос мешавї, одами аљибу ѓароибро пеши рўи худ мебинї. Њалиму хоксор, дорои фарњанги баланд, муомилаи хубу суханони нарму ширинаш касро ба худ љалб менамояд. Бо ў гузаштани ваќтро њис намекунї. Ба љанговару мулло ягон зарра шабоњате надорад. Ин лаќаб, чуноне ки худи Сафармад изњор дошт, сабаби иштирокчии љанги Афѓонистон буданаш аст. Ў љанговари интернатсионалист мебошад ва узви Шўрои ноњиявии њамин ташкилот аст. Азбаски дар арафаи Рўзи Артиши миллї ќарор дорем, хостем каме њам бошад, дар бораи зиндагиномаи Сафармад чанд сатре рўи вараќ оварем. Сафармад Ризоев соли 1962 дар шањраки Њулбук (собиќ Восеъ) ноњияи Восеъ ба дунё омадааст. Бинобар сабаби мушкилоти рўзгор ўро мактаб-интернати дењаи Кадучии Љамоати дењоти ба номи Мирзоалї Вайсов ба оѓўш гирифт. Баъди хатми мактаб соли 1981 бо даъвати Комиссариати њарбии ноњия ба сафи Ќуввањои Мусаллањ шомил гардид. Соли ноором буд. Дар давлати Афѓонистон љанг мерафт, љанги
3
ХАТЛОН
ПАНЉШАНБЕ, 18 феврали соли 2021, №8 (3297)
шањрвандї. Ќуввањои Мусаллањи Иттињоди Шўравї вазифаи интернатсионалистии худро дар Афѓонистон иљро менамуд. Сафармаду њамсолони даъватшудаашро барои таълиму машќ ба собиќ ноњияи Рўдакї (Ленин) бурданд. Давоми як моњ машќи њарбї гузашта, оид ба тарзи истифодаи аслиња ва мањорати љангї таълим гирифтанд. Баъди адои таълим аз фиристодагони ноњияи Восеъ панљ нафарро људо намуданд, ки онњо љавонони тануманду назаррас буданд. Чанде дар шањри Тошкант таваќќуф намуда, пешаи ронандагї ва кори алоќаро омўхтанд. Сипас, бо расидани фурсат ба Афѓонистон рафтанд. Чанде ронандаи мошини сардори штаби дивизия буд. Яъне баъдан ўро ба стансияи алоќа гузарониданд. Кори ронандагї душвор бошад њам, вале кор дар ин љо душвортар буд. Таъмини алоќа ва назорати он байни ќисмњои њарбї, ротаву полкњо. Зеро бе алоќаи мустањкам, бе огоњї аз фаъолияти якдигар ва кори танзим дар штаби дивизия низоми рафти љанг аз имкон берун аст. - Ба ќисмњои њарбї мерафтем, дар рафти фаъолияти њарбї иштирок менамудем, низоми алоќаро таъмин мекардем,-мегўяд Сафармад Ризоев. -Дар њаќиќат, љанг љанг аст, каме беэњтиётї метавонад сарбозро захмї ва ё аз њаёт мањрум гардонад. Аммо њис кардам, ки мушкилот одамонро ба њам хеле дўсту наздик мегардонад, яктану якљон месозад. Шояд мушкилоти љанг бошад, вале тарбияи ватандўстї ба ќадри њол наќши худро дошт. Барои якдигар љавонони шўравї ху-
дро сипар мекарданд. Якдигарро аз хавфноктарин љойњои майдони љанг берун мекашиданд. Майдони љанг њам кўњсор буду њам майдони кушод, барои аскарони шўравї душвортаринаш мавзеи кўњсор буд. Зеро љанговарони зидди њукуматии давлати афѓон аксаран таљрибаи љангии кўњї доштанд. ...Хабари хориљшавии Ќуввањои Мусаллањи Шўравиро аз Афѓонистон сарбозон бо хушнудї ќабул намуданд. Ин огоњии поёни љанг дар мулки бегона буд. Њар як ќисми њарбї рўзи баромадашро аз ин мамлакати љангзада интизорї мекашид. Навбати ќисми њарбии мо низ фаро расид. Бо низом, тартиби муайяншуда колонна саф ороста, аз хоки Афѓонистон баромад. Давоми хизмат шањри Тошканти Ўзбекистон муќаррар гардид. Ќисмати боќимондаи хизматро дар ин шањр ба поён расонидам ва соли 1983 ба Тољикистон, зодгоњи худ ноњияи Восеъ баргаштам. Инак, ба њаёти осоишта пардохтам, - мегўяд С. Ризоев. Сафармад Ризоев барои хизматњои љангиаш бо медали «Барои шуљоат» ва чандин медалњои љангиву ифтихорномањо сарфароз шудааст. -Вале чанд сол пас ин нооромї, задухўрд, кушторро љои дигар не, дар Тољикистони худ, ноњияи худ дидем. Љанги шањрвандиро хоинони миллат, саркардањои њизби террористии нањзатї барафрўхтанд, садњо љавонони миллатро, ки орзуњои ширине дошданд, ќурбон намуданд. Аз ноњияи мо низ чунин љавонон кам нестанд. Вале хоинони миллат, аз зумраи Кабирї ва пай-
равонаш бо ин амали хабисашон ќаноат накарда, имрўз мехоњанд боз дасисаи дигаре роњандозї намуда, миллати тољик, халќи Тољикистонро ба гирдоби бало кашанд. Мо дигар он нафарони солњои навадум нестем. «Шарбат»-и фанду фиреби онњоро хеле хуб хўрдему чашидем, натиљаашро бо чашми худ дидем. Худро ин ќадар ранљ надињед, бешарафњо, чуноне мегўянд: “Зўри бењуда миён мешиканад”, дар ѓами љони худ бошед. Мо имрўз аз зиндагии осоиштаи кишвар, сулњу амонї, мењнати бунёдкорона хеле сарфарозем. Дар зиндагї камбудие нест. Корњои созандагиву бунёдкорї, пешрафти љомеаро дида, бо боварї гуфта метавонем, ки кишвари мо дар оянда ба яке аз мамлакатњои тараќќикарда табдил ёфта, ифтихори миллату мардуми Тољикистон мегардад. Ман, шахсан аз давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон, хосатан аз Сарвари давлат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон барои ѓамхориву имтиёзњояшон ба мо-башардўстон изњори миннатдориву сипос намуда, кўшиш менамоем, ки дар тарбияи љавонон, шукуфоии Тољикистони азиз ба ќадри имкон сањми худро гузорем. -Кулли мардуми шарифи вилоят, хосатан хизматчиёни њарбиро ба Рўзи Артиши миллии Тољикистон табрик гуфта, тансињатї, барору комёбињои мењнатї таманно менамоям, - гуфт дар поёни суханаш Сафармад Ризоев. Наљот САФАРЗОДА, ноњияи Восеъ
Дар вилояти Хатлон теъдоди хољагињои моњипарварї ба 260 адад расидааст, ки масоњати умумиашон 22550,8 гектарро ташкил медињад. Аз ин 2245 гектар кўлу њавзњо вобаста гардидааст. Соли сипаригардида 2551 тонна моњї истењсол гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли 2019-ум 315 тонна зиёд мебошад. Тавре ки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар љаласаи љамъбастии натиљањои иќтисодиву иљтимоии вилояти Хатлон иброз дошт, њанўз њам љињати рушди соњаи моњипарварї захирањо зиёданд. Оид ба истифодаи ин захирањо, роњу воситањои зиёд намудани истењсоли моњї андешањои як нафар мутахассиси соњаи моњипарварї аз ноњияи Абдурањмони Љомї Ќурбоналї Ќурбонро пешкаши хонандагон мегардонем.
МОЊИПАРВАРЇ СОЊАИ КАМХАРЉУ СЕРДАРОМАД АСТ -Зиёда аз 40 сол собиќаи корї дар хољагињои моњипарварї дорам. Моњї њам, гарчанде забон надошта бошад, аз њама мављудоти олам фањмиши бештаре дорад. Дар бобати парвариши моњї њаминро ќайд карданиам, ки моњипарварон бояд, ба ѓизои моњї ва фосилаи хўрокдињї диќќати аввалиндараља дињанд яъне, њар субњ соати 8 бояд ба моњињо ѓизо дињанд. Солњои ќаблї, ки ба њайси сарвари бригадаи моњипарварї фаъолият доштам, кўшиш мекардам, ки то 20-уми март моњичањоро ба 200 грамї расонам. Дар он айём хољагии моњипарварии ноњия ба хориљи кишвар, аз љумла Россия ва дигар љумњурињои Иттињоди Шўравї моњї содирот менамуд. Њар сол 75 тонна моњии хушконидашуда ба Москва мефиристодем. Иќлими ноњияи Абдурањмони Љомї тавре ки мутахассисону олимони соња А. Њаитов, М. Ѓафуров, Љалилов тањлил намуда, хулосабарорї кардаанд, барои рушди моњипарварї мувофиќ аст. Дар муњити ин љо аз 1 килограмм тухм то 700-750 моњича истењсол мешавад. Тавассути мењнати њалол аз як кўл то 200 тонна моњї сайд мекардем. Наќшаи 3 панљсоларо дар 13 сол иљро намуда будам. Њар сол зиёда аз 1 миллион моњича (кирмина) ба фурўш мебаровардем. Муддати 10 сол вакили Иттифоќи касабаи моњипарварони Иттињоди давлатњои Шўравї ва иштирокчии анљумани моњипарварон будам. Дар замони соњибистиќлолї таваљљуњу дастгирињои давлату Њукумат љињати рушди ин соњаи камхарљу сердаромад зиёд аст. Иќдоми Роњбари давлатро дар Паёми навбатиаш ба Маљлиси Олї шунида хушњол гардидам, ки кишоварзонро аз андози ягонаи замин озод намуданд. Агар роњбарони хољагињои кишоварзї, моњипарварї маблаѓњоеро, ки бояд ба андоз месупориданд, сариштаву сарфакорона ва оќилона истифода баранд, истењсоли мањсулоти кишоварзї, аз љумла моњї низ зиёд мегардад. Боз садњо љойњои нави корї таъсис меёбад. Мутахассисони соњаи моњипарварї зиёданд. Технолог ва моњипарварони касбиро љалб кардану бо љойи кор таъмин намудан имкон фароњам медињад, ки дар оянда соња рушд намояд. Агар истењсоли моњиро афзун гардонем, нархи гўшт дар бозор ба танзим медарояд, њам ањолї ва њам ќисмњои низомї бо гўшти парњезии моњї таъмин мегарданд. Ман баъди хатми совхозтехникуми ба номи Файзалї Саидови ноњияи Кўшониён дар донишгоњи Россия тањсил намуда, курси бозомўзиро хатм карда будам. Тавре ки дар боло зикр рафт, њадафи ман њангоми сарвари бригадаи моњипарварї будан рўёндани 100 сентнерї моњї буд ва ман то 75 сентнер моњї истењсол намудам. Моњипарварон бояд пеш аз њама ба ѓизои моњињо ањамият дода, њангоми аз як кўл ба кўли дигар гузаронидани моњї њатман моњичањоро дар намакоб тоза намуда, барои пешгирї аз њар гуна беморињо баъд ба кўли дигар гузаронанд, зеро дар организми моњичањо низ њар гуна беморињо, аз љумла кирмњо пайдо мешаванд. Дар ин њолат чї ќадар ба моњї хўрок дињем, онњо фарбењ намешаванд. Собиќ моњипарварони ботаљрибаро ёд овардан ба маврид аст, ки дар рушди соња сањми муносиб гузоштаанд. Сафарбек Нозим, Бобои Раљаб аз 1 гектар то 10
тонна моњї ба даст меоварданд. Боиси хушнудист, ки имрўз роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон Президенти кишвар, раиси вилояти Хатлон ба рушди ин соњаи њаётан муњим диќќати њамаљониба медињанд. Ин имкон медињад, ки истењсол зиёд гардад ва хољагињои моњипарварї рушд намоянду љойњои корї бештар таъсис ёбад. Айни замон ман дар тарабхонаи тозабунёди “Амури сафед”-и ноњияи Абдурањмони Љомї, ки яке аз иншоотњои љашнии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад, кор мекунам. Ин иншооти тозабунёд бо иќдоми соњибкори мањаллї сохта шудааст, ки дар ин љо наздики 20 нафар фаъолият доранд. Дар ин бинои 3 -ошёнаи тозабунёд дар баробари тарабхона, сартарошхона, маркази савдо, кошонаи њусн низ фаъолият мекунад. Бисёрињо њангоми ба тарабхона ворид гардидану истеъмоли моњишўрбои
(уха) тайёрнамудаи ман суол медињанд, онро чи гуна омода месозам, ки ѓизои бисёр бомазза њаст. Дар њаќиќат, имрўз моњишўрборо на дар њама ошхонањо омода месозанд, њол он ки ин намуди таоми парњезї њаводорони зиёд дорад. Таърихи омўхтани ин пеша, яъне ошпазиро мехоњам ёдовар гардам. Соли 1973 бо хоњиши худам аз ноњияи Абдурањмони Љомї ихтиёран, ба сафи Ќуввањои Мусаллањ рафтам. Хизматро дар вилояти Мурмански Федератсияи Россия оѓоз намудам. Пас аз гузаштани курси омўзиши ошпазї дар Флоти бањрї хизмат кардам. Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањ барои њар як љавон мактаби мардонагист. Имрўзњо низ эњсос менамоям, ки љавонони бонангу номус ихтиёран ба комиссариатњои њарбї рафта, хизмати муќаддаси Ватан-Модарро адо менамоянд ва бисёрињо соњиби касб низ мешаванд. Чунончї, хизмат дар Ќуввањои Мусаллањ сабаб гашту ман соњиби чандин њунар гардидам. Имрўз аз пешаи ихтиёрнамудаи худ ќаноатмандам. Зеро бењтарин солњои љавониам дар парвариши моњї дар хољагии моњипарварї, ки дорои 800 гектар њавз буд, сипарї гардидааст. Айни замон, ки моњї мањсулоти серталабот ба њисоб рафта, таваљљуњу ѓамхории Њукумати љумњурї ва вилоят нисбати рушди соња хело зиёд аст, ба соњибкорон мурољиат менамоям, ки барои рушди соњаи моњипарварї камар банданду истењсолро афзун гардонда, сањми хешро дар амалигардии њадафи олии Њукумати Љумњурии Тољикистон (таъмини амнияти озуќаворї) гузоранд. ВАХШОНА, «Хатлон»
КУМАК БА НИЁЗМАНДОН Барои сайќал додани њунари чеварї аз њисоби кумаки башардўстонаи Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон, Федератсияи байналмилалии љамъияти Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар дар доираи лоињаи "Омодагї ва андешидани чорањои зарурї бо маќсади пешгирии сироятёбї аз коронавирус" ба як ќатор шахсони эњтиёљманд мошинањои дарздўзї ва маводњои лозима барои дўхт супурда шуд. Тавре роњбари Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон Абдуљаббор Њотамов мегўяд, дар доираи лоињаи амалишаванда ба оилањои ниёзманди вилоят 150 мошинаи дарздўзии тамѓаи "Чайка", бастањо иборат аз маводњои хўрока ва матоъ дастрас гардида, инчунин, ба 15 беморхонаи шањру ноњияњои минтаќа, маводњои зидди вирусї-хокаи хлор, маводњои шўянда, антисептик, дастпўшак дастрас карда шуд. Фотима Хољаева, сокини шањри
Бохтар, миннатдории худро изњор дошта, чунин гуфт: «Соњиби мошинаи дарздўзї шудам, акнун ба дўхтани куртањои миллии тољикона машѓул шуда, аз ин њисоб зиндагиамро пеш мебарам». Ин кумаки аввалини ташкилоти мазкур набуда, дар доираи дигар лоињањо ба ќишри эњтиёљманди љомеа пайваста кумакњои башардўстонаро ба роњ мондааст. Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»
4
ХАТЛОН
РУШДИ САЙЁЊЇ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ЉОМЕА
Таваљљуњи љомеаи љањонї аз нигоњи сайёњї ба кишварњое равона гардидааст, ки мероси бою пурѓановати фарњангї, таърихї ва табиї, инфрасохтори рушдкарДар толори фарњангии Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї бахшида ба Рўзи умумиљањонии занон дар соњаи илм тањти унвони «Занон ва рушди илми муосир» конференсияи илмї баргузор гардид, ки дар он Раъно Рањимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Дилбар Одилзода, муовини раиси шањри Кўлоб, Абдусалом Мирализода, ректори Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, шоира Хосият Вализода ва дигар бонувони фаъоли соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат ширкат варзиданд. Конференсияро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Рањимзода оѓоз бахшида, чунин ќайд намуд: «Имрўзњо наќши занон дар дилхоњ соњањои хољагии халќи мамлакат, аз љумла соњаи илм калон мебошад. Бо дастгирињои пайвастаи давлату Њукумат, алалхусус Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон маќоми зан дар љомеа баланд бардошта шуда, хизматњои онњо ќадр карда мешаванд».
даи сайёњї доранд. Тољикистон дар ин миён бо дастовардњои беандоза зиёди мероси фарњангї, таърихї ва табиии худ дар канор нест. Тољикистон дорои њудудњои нодири фарњангї ва табиї, аз ќабили шањрњои ќадима ва маљмаањои меъморї, таърихї, мавзеъњои нодири таърихї ва табиї, обњои шифобахш, олами нотакрори наботот ва њайвонот буда, миёни кишварњои љањон бо таърихи куњанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва љойгиршавии љуѓрофї ба куллї фарќ мекунад. Табиати бињиштосои ватанамон аз назари сайёњон пинњон намондааст. Асосгузори сулњу вањдати миллї -Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, сайёњиро яке аз соњањои афзалятноки љумњурї ном мебарад. Ин бењуда нест. Зеро дар ќаламрави
ПАНЉШАНБЕ, 18 феврали соли 2021, №8 (3297)
Тољикистон 900 геокомплекси табиї бо 40 намуди ландшафт мављуд аст. Мављудияти ёдгорињои таърихиву меъморї ва иќлими муъљизаосои табиати кишварамон ба мо имкон медињад, ки дар Тољикистон якчанд намуди бахшњои туризмро инкишоф дињем. Инчунин, дар кишвари кўњсори мо имкони васеи рушди кўњнавардї, туризми кўњї-варзишї ва экологї, варзишїлижаронї, шикор (интерохота), саёњати таърихї-маърифатї ва мардумшиносиву истироњат дар осоишгоњњои табобатї фароњам аст. Њоло ки раќобат дар бозори љањонии љањонгардї пурзўр гаштааст, муаррифии кишвар бањри љалби сайёњони хориљї хеле зарур аст. Хушбахтона, дар љумњурї солњои охир таваљљуњ ба ин масъалаи муњим зиёд гаштааст. Рушди соњаи туризм дар Љумњурии Тољикистон имконияти фаровон дорад ва бо боварї метавон гуфт, ки ин соња дар оянда ба яке аз соњањои афзалятноки хољагї табдил хоњад ёфт. Бахтиёр ИБРАГИМОВ, омўзгори МДТ коллељи милитсияи ВКД Љумњурии Тољикистон
ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР
ТЕЛЕФОНИ МОБИЛЇ говро аз марг наљот дод Собиќадори маорифи љумњурї, нафаќахўр аз ноњияи Кўшониён Шодихон Шоњасанов, ки бо рўзномаи “Хатлон” њамкорї мекард, воќеаи аљиберо наќл кард, ки онро рўйи коѓаз оварда, пешкаши хонандагони азиз менамоем. Ин воќеа чанд сол ќабл ба вуќўъ пайваста буд. ... Бобои Шарифхон ба гандуми ба наздикї кишт кардааш об монду сўйи хона роњ пеш гирифт. Дар бозгашт, ваќте ки аз наздикии зањбур мегузашт, садои маосзании гове ба гўшаш расид. Мард љониби садо шитофта, дид, ки гове бо гўсолааш даруни зањбур, дар лой ѓўтидаанд. Гову гўсолаи њамсоядењааш Абдунабиро шинохт. Ў зуд пойафзолашро кашида, ба зањбур даромад ва бо як азобе гўсоларо аз панљаи лой халос кард. Аммо говро, ки бузургу вазнин буд, бароварда натавонист. Бобо њайрон монд,
намедонист чї кор кунад. Хонаи соњиби гов-Абдунабї аз љойи њодиса хеле дур буд. Мўйсафед ба худ андешид: “То рафта ба Абдунабї хабар медињам, гов аз сардї мурда монданаш мумкин”. Банохост ба ёдаш телефони дастї расид. Ў аз љайб телефони њамроњиро, ки бо писарони дар Россия будааш њар гоњ гуфтугў мекард, бароварда хост ба соњиби гов хабар дињад. Аммо, «Дар ноомадии кор атола дандон шиканад”, гуфтагї барин, раќамњои телефони Абдунабиро наёфт. Баъди кофтукови зиёд, хушбахтона, раќамњои телефони писарони Абдунабиро ёфт. Сипас, ба Маскав ба Саттор-писари калонии соњиби гов ва ба Санкт-Петербургу Красноярск ба писарони дигари ў-Абдуќаюму Абдурањмон занг зада, онњоро аз воќеа хабардор намуд ва хоњиш кард, ки ба падарашон хабар дињанд, ки гови
онњо ба зањбур афтодааст. Бародарон яке пайи дигар ба падар занг зада, ўро аз ин воќеа хабардор карданд. Абдунабї њайрон монда, аз љигарбандон пурсон шуд: “Шумо аз ин њодиса чї тавр хабар ёфтед?” Фарзандон фањмониданд, ки бобои Шарифхон дар ин хусус телефонї ба онњо хабар додааст. Падар ду-се њамсояро њамроњ гирифта, ба наљоти чорпои худ шитофт. Њамин тавр, бо мадади бобои Шарифхон говро саломат аз зањбур бароварданд. Соњиби гов ба наљотбахши гов-бобои Шарифхон арзи сипос намуд. -Ба ман не, ба телефони мобилї рањмат гўед, ки он гову гўсоларо аз марг наљот дод,хандида гуфт бобои Шодихон ва илова намуд: «Дар дастат бошад телефон, мушкилат шавад осон». Њозиркунандаи чоп С. АТТОР, “Хатлон”
ЭЪЛОН
Конференсия аз 5 бахш: - филология; - табиї, риёзї ва тиббї; - иќтисодї; - педагогика ва методикаи таълимї; - таъриху сиёсати касбї иборат буд. Ба кори конференсия 112 маќола ворид гардид, ки дар онњо пањлуњои гуногуни њаёти иљтимої мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифтаанд. Маърўзањои Шарофат Худойдодова номзади илмњои
филологї, дотсенти кафедраи адабиёти тољик ва журналистикаи ДДК ба номи А. Рўдакї дар мавзўи «Наќши иттилоот дар рушди тафаккури интиќодї», Дилором Мањкамова номзади илмњои филологї, мудири кафедраи рўзноманигории ДДБ ба номи Н. Хусрав тањти унвони «Наќши зани мубориз дар публитсистикаи И. Усмонов», Иззатова М.И. доктори илмњои педагогї, мудири кафедраи тањсилоти томактабї ва кори иљтимоии ДДК ба номи А. Рўдакї дар мавзўи «Об ва рисола-
ти зан» ва дигарон аз маърўзањои бењтарин шуморида шуданд. Дар анљоми конференсия 30 нафар бонувоне, ки маќолањояшон аз љониби роњбарони бахшњо хуб арзёбї гардиданд, бо сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ќадрдонї шуданд. Манучењр САФАРЗОДА, саромўзгори ДДК ба номи А. Рўдакї
БУНЁДИ ПУЛ БО ХАРЉИ 30 ЊАЗОР СОМОНЇ Бањри рушду равнаќи як гўшаи зебои ватан сокинони дењаи Њомиёни Љамоати дењоти “Ќумсангир”-и ноњияи Љайњун корњои ободониву созандагиро хуб ба роњ монда, бањри боз њам сарсабзу шукуфоии сарзамини худ сањми хешро гузошта истодаанд. Тибќи иттилои мудири бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњияи Љайњун Мањмадшариф Зубайдов, сокинони Љамоати дењоти “Ќумсангир” бо маблаѓи 30 њазор сомонї кўпруке, ки солњои
сол вайрону валангор буду дар њолати садамавї ќарор дошт, аз њисоби сокинон ва раисони мањаллањо аз нав сохта, гирду атрофи онро тоза карданд. Ин ташаббусро сокинони њамин љамоат пеша карда, пайваста дар корњои бунёдкорї сањми арзандаи хешро мегузоранд. Гуфта мешавад, ки ин иќдом бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон буда, дар оянда низ корњои ободонї тариќи дастаљамъї ба роњ монда мешавад.
-Иќдоми мазкури фаъолони дења шоистаи дастгирї буда, бояд њар як сокини диёр бањри ободонии хона, кўча, дења ё ноњияи худ бањри ободонї сањм гузоранд,мегўяд М. Зубайдов. Имрўзњо дар ноњияи Љайњун бунёди иншооти гуногун бо маром идома дошта, ният доранд, ки то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї њамаи корњоро ба сомон расонанд. Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”
Кумитаи љоизањои Иттифоќи журналистони Тољикистон ба таваљљуњи аъзои иттифоќ мерасонад, ки ќабули мавод барои дарёфти Љоизаи Иттифоќи журналистони Тољикистон ба номи устод Абулќосим Лоњутї барои соли 2020 идома дорад. Тибќи Низомномаи Љоиза озмуни эљодии мазкур дар чор бахш: 1. матбуоти даврї. 2. телевизион. 3. радио. 4. пажўњиш дар соњаи ВАО, гузаронида мешавад. Дар озмун онњое иштирок карда метавонанд, ки собиќаи беш аз 5 солаи узвият дар ИЖТро доранд. Ба озмун маводњое, ки аз 12 марти соли 2020 то 1 феврали соли 2021 дар матбуот, ољонсињои иттилоотї, телевизион, радио ба табъ расидаанд, пешнињод мешаванд. Дар номинатсияи пажўњиш дар ВАО китоб ё дастури таълимї ќабул карда мешавад. Довталабон бояд маводи зеринро пешнињод созанд: 1. Нусха аз суратљаласаи ташкилоти ибтидоии ИЖТ, ки номзадро пешнињод кардааст. 2. Намунаи маводи пешнињодшаванда 9 нусха. 3. Маълумотнома оид ба пахши мавод дар ТВ ё радио. 4. Нусхаи шиноснома. 5. Нусхаи њуљљати узвияти ИЖТ. 6. Сурати 3 х 4 (2 дона), 1 дона 9х12. * * * * * Кумитаи љоизањои Иттифоќи журналистони Тољикистон ба таваљљуњи донишљўёни ихтисоси журналистии донишгоњњои љумњурї мерасонад, ки ќабули мавод барои дарёфти Љоизаи
Иттифоќи журналистони Тољикистон ба номи устод Воњид Асрорї барои соли 2020 оѓоз гардидааст. Тибќи Низомномаи Љоиза дар озмуни эљодии мазкур донишљўёни факулта ва бахшњои журналистии донишгоњњои кишвар иштирок карда метавонанд. Ба озмун маводњое, ки аз 12 марти соли 2020 то 01 феврали соли 2021 дар матбуот, ољонсињои иттилоотї, телевизион, радио ба табъ расидаанд, пешнињод мешаванд. Довталабон бояд маводи зеринро пешнињод созанд: 1. Номаи дархостии муассисаи таълимие, ки дар он тањсил доранд. 2. Намунаи маводи пешнињодшаванда-9 нусха. 3. Маълумотнома аз муассисаи таълимї. 4. Нусхаи шиноснома. 5. 2 дона сурати 3х4. * * * * * Кумитаи љоизањои Иттифоќи журналистони Тољикистон ба таваљљуњи муассисон ва сармуњаррирони нашрияњои мањаллї мерасонад, ки ќабули мавод барои дарёфти Љоизаи Иттифоќи журналистони Тољикистон ба номи Асадулло Саъдуллоев «Нашрияи муваффаќи мањаллї» оѓоз гардидааст. Тибќи Низомномаи Љоиза озмуни эљодии мазкур бо маќсади дастгирии воситањои ахбори оммаи мањаллї ва рушди минбаъдаи онњо, пур сохтани холигињои фазои иттилоотї дар мањал, ташаккули жанрњои муаррифсози чењрањо дар музофот, мусоидат дар рушди касбияти рўзноманигори мањаллї ва баланд гардонидани љолибияти эљоди публитсистї дар фазои ит-
тилоотии мањал гузаронида мешавад. Барои љоиза идораи нашрияњои мањаллие, ки дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба њисоб гирифта шудаанд, довталаб буда метавонанд. Ба озмун маводе, ки аз 1 марти соли 2020 то 1 феврали соли 2021 ба нашр расидааст, ќабул карда мешавад. Барои иштирок дар озмун идораи нашрияњои мањаллии Љумњурии Тољикистон то 28 феврали соли 2021 дархости худро ба шакли хаттї тибќи шакли замимагардида ба Иттифоќи журналистони Тољикистон (шањри Душанбе, кучаи Бењзод, 25, ошёнаи 1) бо замимаи маводи нашрия пешнињод месозанд. Маводи пешнињоднамудаи идораи нашрияњои мањаллї аз рўи меъёрњои мазкур бањогузорї мешаванд: 1. Муњтавои публитсистї. 2. Ороиш ва дизайни графикї. 3. Сомонаи интернетї ва фаъолият дар шабакањои иљтимої. Ѓолиби Љоиза бо диплом ва маблаѓи пулї ба миќдори 5000 сомонї мукофотонида мешавад. Њуљљатњо бо нишонии шањри Душанбе, кўчаи Бењзод - 25, ошёнаи 1, Иттифоќи журналистони Тољикистон, њар рўз аз соати 10:00 то соати 16:00 ќабул карда мешаванд. Муњлати нињоии ќабули мавод то соати 17-и 28 феврали соли 2021. Љоиза ба ѓолибон 11 марти соли 2021 дар Рўзи матбуоти тољик супорида мешавад. Барои маълумоти иловагї метавонед бо телефонњои 221-84-30, 919-32-34-02, 915-36-00-57 тамос гиред.
ДИЌЌАТ: МУЗОЯДАИ ТАКРОРЇ
Вокуниш
Иљрочии Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён рўзи 19 марти соли 2021 музоядаи такрорї оид ба фурўши амволи зерин, бо кам намудани 15% аз арзиши ибтидоии он, ки тањти њабс ќарор дорад эълон менамояд.
РИСОЛАТИ НОМАРДЇ КАДОМ АСТ? Чанде ќабл дар шабакањои телевизиони давлатї филми њуљљатии «Бешарафї» намоиш дода шуд, ки маќсад аз тањия ва намоиш додани ин филмнома нишон додани воќеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар, ки ўро ном Муњаммадиќболи Садриддин аст, наќши мудњиш, сиёњии шармгину покнашавандае боќї гузоштааст. Ин воќеият дар пайрањаи пурпечутоби зиндагї ўро ба бозича ва ќурбонии дасти дигарон табдил дода, маљрои њаёташро љониби дунёе бурдааст, ки он љо танњо дасисаву мољаро, худбох-
Ин тавр њам мешавад
тагиву бегонапарастї, найрангу таќаллуб, разолату хиёнат, бенангиву беномусї, љањолату бењайсиятї њукмфармо буданд. Имрўз ў дар мављњои пурталотуми ин њама касифї роњи наљот ёфтанист, вале мафкураи банди љањолат, дастони ўро ба ин љода рањнамо сохтаву ўро ба оѓўши ин торикї тела медињад. Муњаммадиќбол ќањрамони марказии филми «Бешарафї» аст. Ба гуфти равоншинос Марям Давлатова шахсоне, ки ба њолати мисли Муњаммадиќбол гирифтор гаштаанд, љои мењри онњоро нафрат мегирад ва,
дарвоќеъ, чунин инсонњо хатарноканд. Муњаммадиќболи Садриддин бо баромадњояш дар шабакањои иљтимої бино ба гуфти равоншиносон маќсад дорад, ки дигаронро њам мисли худаш мусибатзада гардонад. Ман њамчун як шањрванди Тољикистон шарм ва нафрат дорам, ки њамватани ман хоини миллати худ аст, хоини давлати тинљу осудаамон, хоини фарзандони мо, хурофотпараст аст. Чуноне ки аз тамошои ин филм маълум шуд, Муњаммадиќболи Садриддин дар муњити носолим ба воя расидааст. Њатто
волидайнаш монеи ба мактаб рафтанаш шуда, барои таълими ѓайрирасмї гирифтанаш ўро њидоят менамуданд. Гумон мекунам, ки филми њуљљатї барои хулосаи дуруст баровардани нафароне, ки дар сомонањои иљтимої њарзагўињои Муњммадиќболро гўш ва пайравї мекунанд, мадад мерасонад. Худи Муњммадиќбол бо дег нишасту сиёњ гашт. Аз чунин афрод дурї бояд љуст. Гулбањор ВАЛИЕВА, омузгори МТМУ №1, ноњияи Муъминобод.
МУЊАММАДИЌБОЛ КЇ БУДААСТ, ДОНИСТЕМ Ваќте ки дар шабакаи аввали телевизиони љумњурї филмеро бо номи “Бешарафї” тамошо кардам, пай бурдам, ки, дар њаќиќат, Муњаммадиќболи Садриддин як нафар ќаллоб, фиребгар будааст. Ў, ки худ маълумоти казої надорад, бар замми ин дастовардњои Тољикистону мардуми онро нодида гирифта, дар шабакањои иљтимої бар зидди њама комёбињои мо сухан мегўяд. Маълум шуд, ки шахсияташ «кї» будааст. Ин разил - Муњаммадиќбол ва њаммаслаконаш дар хориљи кишвар зиста, сарзамини аљдодии хешро танќид мекунанд. Худро нафари пуштибон
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
ва хоксор вонамуд мекунанд. Гузашти ваќт нишон дод, ки ў кї будааст: фиребгар, авбош ва туњматчии гузарову беватан. Агар ў нафаре бошад, ки дилаш бар ватану миллат сўзад, чаро як кори хайреро ба љо наовардааст, ба ѓайр аз мардумфиребиву ќаллобї. Бубинед, ин нафар бо чењраи манфур, ки гап дар бораи ў меравад, аз боварии мардум истифода бурда, маблаѓњои зиёди онњоро рабуда, ба манфиати хеш истифода бурдааст. Њатто устодонаш собит намуданд, ки ў дар мактаб саводи кофї надошт. Ба хориљи кишвар сафар карда, дар шабакањои иљтимої танќид
ва туњматњои беасос мекунанд. Агар талаботи ќонунро риоя мекард, ба мисли дигарон дар ватани аљдодии хеш зисту зиндагонї мекард. Ин истиќлолият барои мо ба осонї ба даст наомадааст. Њамаи ин оромї ва субот бо љоннисории њазорњо љавонмардон насиби мо гардидааст. Барои њимояи ин кишвар мо-шањрвандон уњдадорем. Ва ба чунин нафарон, ба мисли Муњаммадиќболи Садриддин лаънат мегўем, ки ёвагўї карда, сарзамини моро беасос танќид ва туњмат мекунанд. С. МИРЗОЕВ, сокини ноњияи Восеъ Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
№ Т/р
Номгўи амволи њабсгардида
1.
Манзили истиќоматї иборат аз ду њуљра ва иншоотњои ёрирасон буда, бо хишти хом сохта шудааст. Масоњати умумии он 72 мм бо њуќуќи истифодаи замин, масоњати 456 мм
Соли барориш
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидої
Соли 2014
Ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки «Бўстонќалъа», дењаи Њаёти Нав
85000 (њаштоду панљ њазор) сомонї
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музоядаи такрорї анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки “Исмоили Сомонї”, кўчаи Сино. Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни Суди шањри Бохтар дар њаљми 5% арзиши амвол супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83245) 2-10-16 ва 93-300-20-86 гирифта метавонед.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Шањодатномаи гумшудаи А № 762453, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1980 МТМУ №13-и ноњияи Кўшониён ба Њайдаров Адњам Тољиматович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи Т-АТА №0857992, ки онро соли 2012 МТМУ №5-и ноњияи Дўстї ба Акобирова Маърифат Мусамировна додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи №048186, ки онро соли1986 филиали Институти давлатии педагогии шањри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар шањри Ќўрѓонтеппа (њоло Муассисаи давлатии таълимии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав) аз рўи ихтисоси математика-физика ба Ѓуломов Собир Махмадалиевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи Б №189702, ки онро соли 1981 МТМУ №4-и шањри Бохтар ба Набиева Њабиба Худойќуловна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ронандагии дараљаи «В» № 0264363, ки онро соли 2019 филилали №1 ЉДММ «Мадади Сино» ба Ќурбонов Ањмад Партовович додааст, эътибор надорад.
БАРЊАМ МЕХЎРАД
Хољагии дењќонї (фермерї)-и «Бењрўз», РЯМ 3130007623, воќеъ дар Љамоати дењоти «Њилолї»-и ноњияи Хуросон, барњам мехўрад. РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Суњроб АЗИЗЗОДА Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ
Рўзнома дар чопхонаи «Мега-Принт»-и шањри Душанбе ба табъ расидааст. Ба чопаш 17.02.2021 иљозат дода шуд. Адади нашр: 11700 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896