ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №53 (3289)
ДУШАНБЕ, 28 декабри соли 2020
www.khatlon-ruznoma.tj
ИТТИЛОИЯ 25 декабри соли 2020 Иљлосияи чоруми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид. Иљлосияро раиси Маљлиси вакилони халќи вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќурбон Њакимзода њусни оѓоз бахшид. Рўзномаи Иљлосия масъалањои зеринро дар бар мегирифт, ки вакилон онњоро якдилона тасдиќ намуданд: 1. Њисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2020. 2. Дар бораи иљрои буљети вилояти Хатлон дар соли 2019 ва тасдиќи буљети вилоят барои соли 2021. 3. Дар бораи тасдиќи наќшаи кории Маљлиси вакилони халќ ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2021. 4. Њисоботи раиси Комиссияи доимї оид ба масъалањои илм, маориф, фарњанг, иттилоот, тандурустї, муњофизати оила ва њифзи њуќуќи кўдак, кор бо љавонон, варзиш ва сайёњї “Доир ба ќарори Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон аз 30 сентябри соли 2020, №71 “Дар бораи рафти иљрои ќарори Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон аз 23 июни соли 2020, №38 “Рафти амалишавии ќарори раиси вилояти Хатлон аз 27 янва-
ри соли 2012, №15 «Оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии њифзи мероси таърихиву фарњангї барои солњои 2012-2020» дар шањру ноњияњои вилоят. 5. Дар бораи пеш аз муњлат ќатъ гардонидани ваколати вакилони Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон аз њавзањои интихоботии А.Љомї №64 , Норак №10 ва таъйин намудани интихобот. 6. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориљшуда дар њавзањои интихоботии А.Љомї №64 ва Норак №10. 7. Масъалањои љорї. Раиси маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода аз рўйи масъалаи якуми Иљлосия баромад кард. Пас аз њисоботи раиси вилоят вакилон аз ноњияњои Данѓара, Н.Хусрав ва Љайњун ба музокира баромаданд. Њозирин њисоботи сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзодаро дар бораи иљрои буљети вилояти
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Хатлон дар соли 2019 шуниданд ва вакилон буљети вилоятро барои соли 2021 тасдиќ намуданд. Њамин тавр, њисоботи раиси Комиссияи доимї оид ба масъалањои илм, маориф, фарњанг, иттилоот, тандурустї, муњофизати оила ва њифзи њуќуќи кўдак, кор бо љавонон, варзиш ва сайёњї - муовини раиси вилоят Фирўза Шарифиро “Доир ба ќарори Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон аз 30 сентябри соли 2020, №71 “Дар бораи рафти иљрои ќарори Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон аз 23 июни соли 2020, №38 оид ба “Рафти амалишавии ќарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15, оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии њифзи мероси таърихиву фарњангї барои солњои 2012-2020» дар шањру ноњияњои вилоят шуниданд. Дар баробари баррасии масъалањои дигари рўзномаи иљлосия, вакилони мардумї, инчунин, “Дар бораи пеш аз муњлат ќатъ гардонидани ваколати вакилони Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон аз њавзањои интихоботии А.Љомї №64, Норак №10 ва таъйин намудани интихобот” ва “Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориљшуда дар њавзањои интихоботии А.Љомї №64 ва Норак №10” ќарори дахлдор ќабул намуданд.
ТОЉИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО БА ДИЁРИ ЊАМЕШАБАЊОР ТАБДИЛ МЕДИЊЕМ 26 декабр, дар маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон низ, чун дар саросари кишвар, бо иштироки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва кормандони дастгоњ маъракаи нињолшинонї љараён гирифт. Дар њавлии маќомот дарахтони гуногуни ороишї ва гулњои мавсимї шинонида шуданд. Бо маќсади идомабахшии суннати ободкории аљдодон ва бо дарки он ки муњити баландсифати экологии диёрамон кафили саломатї ва баќои миллати мо мебошад, 20 ноябри соли 2020 амри раиси вилояти Хатлон дар бораи таъсиси Ситод оид ба вусъати корњои ободонї ва тасдиќи наќшаи нињолшинонї, сабзазоркунї ва солимгардонии муњити зист барои солњои 2020-2021 дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон ба тасвиб расид. Тибќи наќша дар вилоят шинонидани 418 њазор бех дарахтони ороишї, сояафкан ва њамешасабз, инчунин, кишти майсаи њамешасабз ба масоњати умумии 300 њазор метри мураббаъ дар назар аст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 њазор гулу гулбутта, аз он љумла 2,6 миллион адад лола, 710 њазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулњои мавсимї ба наќша гирифта шудааст. Ќобили зикр аст, ки чанде пеш раиси вилояти Хатлон бо
пахши як мурољиатнома аз тамоми мардуми баору номуси вилоят даъват намуданд, ки бо дастгирии сиёсати экологии Роњбари давлатамон муњтарам Эмомалї Рањмон бањри боз њам равнаќ бахшидани корњои бунёдкорию созандагї ва хурраму назаррабо гардонидани њар як гўшаву канори Хатлонзамин бо дасту дили пок сањми шоистаи худро гузоранд. Нињолшинонї аз амалњои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи нињолшинонї њамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии њаќиќї табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани талу теппањо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд. - Мутмаинам, ки мардуми шарафманди Хатлонзамин дар корњои созандагиву бунёдкорї беш аз пеш ташаббускору пешсаф гардида, дар якљоягї ба рўзу рўзгори шоиста ва ба “шањру ноњияњои сабз” табдил додани диёри нозанинамон ноил хоњем шуд, - омадааст дар ин мурољиатнома. Биёед, бо њам Тољикистони азизамонро ба диёри њамешабањор табдил дињем! Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон
НОВОБАСТА БА ТАЪСИРИ ПАЊНШАВИИ БЕМОРИИ «КОВИД-19» РУШДИ ИЌТИСОДИЁТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪМИН ГАРДИД СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА ДАР ИЉЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАЉЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛЌИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ, 25 декабри соли 2020 Муњтарам вакилони халќ! Њозирини гиромї! Соле, ки сипарї шуда истодааст, бо дастоварду пешравињои ноилшудаи мардуми шарифи Тољикистон ба сифати боз як соли бобарор ва бо рўйдодњои нињоят муњиму хотирмони худ соли воќеан таърихї боќї мемонад. Зеро татбиќи чорабинињои сиёсию фарњангї, аз љумла, интихоботи вакилон ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, маљлисњои мањаллии вакилони халќ, интихоботи Президент ва маросими савгандёдкунии Президенти Љумњурии Тољикистон, сафарњои кории Пешвои муаззами миллат ба шањру ноњияњои вилоят бо муњимтарин пањлуњои њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, пешгирии њамагуна тањдиду хатарњои замони муосир, аз љумла, “вабои аср - коронавирус”, њамчунин самаранок истифода бурдани њар як ваљаб замин, ташкили захираи дусолаи озуќаворї аз љониби њар як оилаи кишвар, ќабули Мурољиатномаи љомеаи шањрвандии вилоят љињати расидан ба њадафњои стратегии давлат ба баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии сокинони вилоят ва коњиши сатњи камбизоатї мусоидат намуд. Дар давраи њисоботї дар вилоят барои таъмини чор њадафи стратегии кишвар, ки ба таъмини рушди устувори иќтисодиёт, пешгирии хавфњои эњтимолї вобаста ба таъсири омилњои беруна, баланд бардоштани сатњи некўањволии мардум, таъсиси коргоњњои нав, истифодаи самараноки иќтидорњои мављуда, таъсиси љойњои нави корї, рушди соњибкорї, бахусус дар самти истењсоли мањсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, афзоиши содиротї молу мањсулотњои гуногун, рушди соњаи комплекси агросаноатї, коммуникатсионї, хизматрасонињои коммуналї, њунарњои мардумї, мустањкам намудани заминаи моддию техникии соњањои иљтимоиёт, сайёњї, вусъатбахшї ба корњои ободонию созандагї, ки аз рўйи наќшаи чорабинињо бахшида ба таљлили 30-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон роњандозї гардидааст, тадбирњои мушаххас андешида, њамчун самтњои афзалиятноки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ќарор дода шуданд. Аз фурсат истифода бурда, ба њамаи фаъолон, соњибкорон, шахсони саховатманд ва сокинони вилоят, ки барои дар сатњи баланди ташкиливу сиёсї доир гардидани чорабинињои сиёсї, пуштибонї аз сиёсати хирадмандони Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, бунёди иншоотњои хурду калони истењсолию ѓайриистењсолї бахшида ба 30-солагии Истиќлоли Љумњурии Тољикистон сањмгузорї намудананд, изњори миннатдории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятро мерасонам. Муњтарам вакилон! Њозирини гиромї! Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят дар давраи њисоботї бањри татбиќ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон љињати иљрои дастуру супоришњояшон, ки аз паёми соли гузашта ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тадбирњои заруриро роњандозї карда, нишондињандањои иќтисодию иљтимоиро бо натиљањои мусбат љамъбаст намуда, ба бењтаршавии сатњи зин-
дагии ањолї ва коњишёбии сатњи камбизоатї ноил гардид. Дар ёздањ моњи соли 2020 иљрои наќшаи андоз (бе назардошти андози иљтимої) ба андозаи 102,2 фоиз таъмин гардида, ба буљет 1132,6 миллион сомонї ворид гардид, ки нисбат ба наќшаи тасдиќгардида 24,7 миллион сомонї ва нисбат ба њамин давраи соли 2019 ба маблаѓи 65,7 миллион сомонї зиёд мебошад. Наќшаи ќисми харољоти буљетњои мањаллї дар моњњои январ - ноябри соли љорї 1694,4 миллион сомонї пешбинї гардида, иљрои он ба маблаѓи 1625,1 миллион сомонї таъмин карда шуд, ки баробари 96,0 фоизи наќша мебошад. Пардохти музди мењнати кормандони соњаи буљетї пурра маблаѓгузорї гардида, ќарзи музди мењнат дар давраи њисобот вуљуд надорад. Дар моњњои январ - ноябри соли љорї ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа 540,7 миллион сомонї маблаѓ ворид гардид. Баќияи ќарзи андозњо ба санаи 1 декабри соли 2020 ба 189 миллион сомонї баробар гардида, коњишёбии баќияи ќарзи андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї ба маблаѓи 2,8 миллион сомонї, андоз аз замин 86,5 њазор сомонї, андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард 1,8 миллион сомонї ва андози ягона аз бахши кишоварзї 4,3 миллион сомонї нисбат ба аввали соли љорї кам шудааст. Барои кам кардани баќияпулињои андоз дар давраи њисобот 5260 адад ќарорњои маљбуран ситонидани ќарзи андоз ба маблаѓи 143,3 миллион сомонї ќабул гардида, иљрои 3886 адад ќарорњо таъмин карда шуда, аз ин њисоб ба буљети мањаллии шањру ноњияњо 87,2 миллион сомонї маблаѓ ворид карда шуд. Дар давраи њисобот барои бењтар намудани таъминоти ањолии вилоят бо молњои аввалиндараља, рушди бозори истеъмолї, пешгирии болоравии нархи молу мањсулот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонањои соњаи савдо ва хизматрасонї тадбирњои зарурї андешида шуданд. Њаљми гардиши мол дар соњаи савдо 6,1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбати њамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз афзоиш ва хизматрасонии пулакї дар њамаи соњањои хизматрасонї ба 1,8 млрд. сомонї расида, нисбат ба њамин давраи соли 2019ум 1,7 фоиз коњиш ёфтааст. Њаљми гардиши савдои хориљии вилоят дар ёздањ моњи соли равон ба 276,4 миллион доллар, аз љумла, воридот 147,5 миллион доллар ва содирот ба 128,9 миллион доллар баробар шуд. Новобаста ба таъсири пањншавии бемории “COVID-19” содироти 6 намуди молу мањсулот нисбати њамин давраи соли 2019 афзоиш ёфт. Њамзамон, воридоти намудњои мањсулоте, ки имконияти истењсолиашон дар дохили вилоят фароњам мебошад, аз љумла воридоти гандум, биринљ ва гўшти мурѓ нисбати њамин давраи соли гузашта кам шудааст. Барои сол ба сол тадриљан зиёд намудани содироти мањсулоти кишоварзї ба хориљи кишвар тадбирњои иловагї амалї карда шуда, дар давраи њисоботї ба хориљи кишвар 106,8 њазор тонна ба маблаѓи 11,4 миллион доллар мањсулоти кишоварзї, аз љумла 89,4 њазор тонна ба маблаѓи 8,9 миллион доллар ба хориљи кишвар танњо пиёз содирот карда шуд. Боиси ќайд аст, ки дар таъмини дурнамои содироти мањсулоти кишоварзї ба хориљи кишвар сањми кишоварзон ва соњибкорони ноњияњои Љайњун, Шањритуз, Кўшониён, Вахш,
Дўстї ва Ќубодиён хеле назаррас мебошад. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бобати таъмини иљрои дастуру супоришњои Сарвари давлат бањри дастгирии давлатии фаъолияти соњибкорї, бахусус соњибкории хурду миёна дар њалли масъалањои иттилоотї, ташкилию њуќуќї ва молиявию ќарздињї корњои муайянеро амалї намуд. Таъмини рушди бемайлони соњибкории хурду миёна, дастрасии соња ба имтиёзњои иќтисодї омили асосии баланд бардоштани сатњи некўањволии мардум ва таъминот бо љойи корї мањсуб ёфта, фаъолият дар ин самт тањти таваљљуњи доимии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ќарор дорад. Дар вилоят шумораи соњибкорони инфиродї ба њолати 1-уми декабри соли 2020 тибќи Фењристи ягонаи давлатї 105210 нафарро ташкил дода, ин нишондињанда нисбат ба њамин давраи соли ќаблї 3255 нафар ё ин ки 3,2 фоиз зиёд шудааст. Аз љумла, шумораи соњибкорони инфиродие, ки аз рўйи патент фаъолият мебаранд, ба 26740 нафар баробар шуда, нисбат ба њамин даври соли 2019-ум 388 нафар зиёд мебошад. Шумораи субъектњои бо шањодатнома фаъолиятбаранда 6691 ададро ташкил дода, нисбат ба њамин даври соли ќаблї мутаносибан 599 адад афзудааст. Дар маљмўъ аз њисоби соњибкорон ба буљети шањру ноњияњо 76,7 миллион сомонї ворид гардид, ки дар њаљми умумии ќисми даромади буљет 5,5 фоизро ташкил медињад. Дар давраи њисобот ба иќтисодиёти вилоят ба маблаѓи 13,2 млн. доллар сармояи хориљї, аз љумла, ба маблаѓи 6,9 млн. доллар сармояи мустаќим ва ба маблаѓи 6,4 млн. доллар дигар сармоягузорињо љалб карда шуданд. Дар маљмўъ, дар иќтисодиёти вилоят 1 млрд. 652,4 млн. доллари америкої, аз љумла 1 млрд. 454,4 млн. доллар сармояи мустаќим мавриди амал ќарор дорад. Дар вилоят 38 лоињаи давлатии сармоягузорї амалї гашта истодааст, ки маблаѓи умумии азхудшуда 448,9 миллион долларро ташкил медињад. Аз љумла, дар ин давра дар 11 лоињаи сармоягузориии давлатї корњо оѓоз гардида, барои татбиќи лоињањо 716,5 миллион доллар љалб карда шудааст, ки ин нишондињанда нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд мебошад. Бо маќсади љалби бештари соњибкорони бурунмарзї ба њалли масъалањои иќтисодию иљтимої дар мањалњо, аз љумла бунёди иншоотњои гуногуни истењсолию иљтимої, таљдиди инфрасохтори мављуда ва бунёди инфрасохтори иноватсионї саноатї, таъсиси љойњои нави кории мутобиќ ба стандартњои байналмилалї моњи январи соли љорї ду гуруњи корї, љињати анљом додани вохўрињо бо соњибкорони бурунмарзии вилоят, ки муќими Федератсияи Россия ва Љумњурии Ќазоќистон мебошанд, дар шањрњои Москва, Екатеринбург, Уфа, Челябинск, Новосибирск, Алмаато вохўрињо бо роњбарии муовинони раиси вилоят доир карда шуд. Дар натиља аз тарафи соњибкорони бурунмарзї дар доираи наќшаи чорабинињо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањру ноњияњои А. Љомї, Ќубодиён, Љайњун ва Панљ 27 адад иншооти истењсолию хизматрасонї ва 6 километр роњњои ањамияти мањаллидошта сохта ба истифода дода шуда, корњои ободонию бунёдкорї дар ин самт идома доранд.
Вобаста ба ин, зарур мешуморам, ки минбаъд низ њамкорињо бо њамватанони бурунмарзї дар сатњи зарурї ба роњ монда шуда, раисони шањру ноњияњо вазифадор карда мешаванд, ки барои таќвият бахшидани њамкорињо ва муњайё намудани шароити мусоид ба онњо кўмаки доимї расонанд. Бонкњои вилоят 1413,1 миллион сомонї ќарзњои бонкї ба соњањои иќтисодиёт људо намуданд, ки аз он 30,6 фоиз (432,2 млн. сомонї) ба соњањои кишоварзї, 29,3 фоиз (414,4 млн. сомонї) ба соњаи саноату сохтмон ва 22,7 фоиз (320,7 млн. сомонї) ба соњаи савдою хизматрасонї ва 17,4 фоиз (245,8 млн. сомонї) ба дигар соњањо рост омада, нисбати њамин давраи соли гузашта 289,6 миллион сомонї зиёд мебошад. Бо назардошти он, ки соли 2020 муњлати иљрои барномањои рушди иљтимоию иќтисодии вилоят ва шањру ноњияњои Бохтар, Норак, Левакант, Балљувон, Кўшониён, Вахш, Восеъ, Данѓара, Дўстї, Ёвон, Ќубодиён, Муъминобод, Панљ, Темурмалик, Фархор, Мир Сайид Алии Њамадонї, Љайњун, Љалолиддини Балхї, Хуросон, Шањритуз, Шамсиддин Шоњин ва вилоят ба охир мерасад, љињати тањияи барномањои нав тадбирњо амалї гардида истодаанд. Бояд ќайд кард, ки барномањои рушди иљтимоию иќтисодии вилоят ва шањру ноњияњои Бохтар, Хуросон, Ёвон, Ќубодиён ва Носири Хусрав бо вазорату идорањои љумњуриявї мувофиќа гардида, барои тасдиќ ба Маљлиси вакилони халќи мањал пешнињод мегардад. Инчунин дар њамкорї бо мутахассисон барномањои рушди иљтимоию иќтисодии шањру ноњияњои Левакант, Норак, Восеъ, Љ.Балхї, Балљувон ва Ховалинг барои солњои 2021-2025 тањия гардида, барои омўзиш ба вазорату идорањо пешнињод карда шудааст. Таъмини шуѓли пурмањсули ањолї яке аз самтњои асосии сиёсати иљтимоии давлат буда, сатњу сифати зиндагии сокинони вилоят аз татбиќи босамар ва оќилонаи он вобаста мебошад. Дар давраи њисоботї музди миёнаи мењнат дар вилоят 1028,44 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба њамин даври соли ќаблї 29,94 сомонї зиёд мебошад. Нишондињандаи нисбатан баланди музди мењнат дар шањру ноњияњои Норак 1843,74 сомонї, Данѓара 1433,37 сомонї, Ховалинг 1344,17 сомонї, Бохтар 1267,49 сомонї ва Темурмалик 1102,05 сомонї ба њисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатњи музди маош дар ин шањру ноњияњо рушди босуръати соњањои хизматрасонї ва саноат мањсуб меёбад. Мувофиќи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон” дар даври њисоботї бо маќсади бо кор таъмин намудани корљўён, бекорон ва муњољирони мењнатии ба ватан баргашта 342 ярмаркаи љойњои кории холї гузаронида шуд. Дар ин ярмаркањо 2663 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 4276 нафар корљўён ва бекорон бо љойњои кории доимї таъмин гашта, 1879 нафар ба касбомўзї ва 374 нафар ба корњои љамъиятии музднок сафарбар шуданд. Яке аз самтњои асосии фаъолияти соњањои њифзи иљтимої дастгирии табаќањои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад. Дар вилоят 3 муассисаи давлатии будубоши доимї, 2 муассисаи давлатии мавсимї, 2 маркази минтаќавии хизматрасонии
(Давомаш дар сањ. 2)
2
ХАТЛОН
ДУШАНБЕ, 28 декабри соли 2020, №53 (3289)
НОВОБАСТА БА ТАЪСИРИ ПАЊНШАВИИ БЕМОРИИ «КОВИД-19» РУШДИ ИЌТИСОДИЁТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪМИН ГАРДИД (Аввалаш дар сањ. 1) иљтимої ва 16 шуъбаи хизматрасонии иљтимої дар хона фаъолият намуда, 701 нафар кормандон ба 2402 нафар бошандагон хизмат расонида, њамаи онњо аз нафаќа, кумакпулињои якваќтаина, дастгирињои моддию пулї сариваќт бархўрдор гардиданд. Бахшида ба истиќболи љашнњои миллї дар њамаи мактаб - парваришгоњњои њудуди вилоят, хонаи пиронсолон, иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, собиќадорони мењнат, оилањои бесаробонмонда дастархони идона ороста шуда, туњфањои хотиравии Пешвои муаззами миллат, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шахсони саховатманд ба маблаѓи зиёда аз 44,0 миллион сомонї кумакњои моддї ва молиявї таќдим гардиданд. Талаботи нафаќа дар ин давра 848,4 миллион сомонї ва шумораи умумии нафаќагирон 255261 нафарро ташкил дода, пурра пардохт шудааст (андозаи миёнаи нафаќа дар ин давра ба 311,4 сомонї баробар мебошад). Муњтарам вакилон! Њозирини гиромї! Дар давраи њисоботї, кишоварзони вилоят бо маќсади њифзи амнияти озуќаворї ва дастрасии ањолии вилоят ба ѓизои хушсифат фаъолияти худро дар асоси вазифањое, ки Пешвои миллат зимни сафарњои корї ба шањру ноњияњои вилоят ќайд намуданд, инчунин, стратегияву консепсияњо ва барномањои соњавї ба роњ монда, дар самти самаранок истифода бурдани замин, истифода аз тухмињои серњосил, зиёд намудани истењсоли мањсулот, ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои бекорхобида, бунёд намудани боѓу токзорњо, баланд бардоштани мањсулнокии чорво ва бо ин васила зиёд намудани мањсулоти воридотивазкунанда як ќатор корњоро ба сомон расониданд. Дар њамаи шаклњои хољагидории вилоят њаљми умумии мањсулоти кишоварзї ба 15,7 миллиард сомонї баробар гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 8,8 фоизро ташкил дода, ин нишондод ба соњаи растанипарварї 9,1 фоиз ва ба соњаи чорводорї 7,8 фоиз рост меояд. Дар њамаи бахшњои хољагидории вилоят дар майдони 426,3 њазор гектар кишти зироатњои кишоварзї гузаронида шуд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 4481 гектар зиёд мебошад. Дар њамаи бахшњои хољагидорї истењсоли ѓалладонагињо ба 956,3 њазор тонна, пахта 273,4 њазор тонна, картошка ба 167,4 њазор тонна, сабзавот ба 1438,1 њазор тонна, полезињо ба 576,0 њазор тонна, меваљот ба 206,6 њазор тонна ва ангур ба 106,4 њазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта ѓалладонагињо 100,9 њазор тонна, пахта 9811,3 тонна, сабзавот 188,4 њазор тонна, полезї 42648,5 тонна, мевагињо 7406,2 тонна ва ангур 2386 тонна зиёд мебошад. Соли равон дар майдони 130,6 њазор гектар кишти такрории зироатњо гузаронида шуд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 28,7 њазор гектар зиёд буда, иљроиши дурнамои 100 фоиз таъмин гардид. Дар давраи њисобот, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят диќќати асосии худро ба риояи сохтори кишти зироатњои соли 2021, аз љумла кишти сабзавот (пиёз), картошка равона намуда, барои замина гузоштан ба њосили соли оянда, дар майдони 130,2 њазор гектар шудгори заминњо, дар майдони 99 њазор гектар кишти зироатњои кишоварзї гузаронида шуд, ки баробари 84 фоизи дурнамои пешбинишуда мебошад. Њамзамон, мехоњам таъкид намоям, ки аз кишти њаќиќии соли љорї, бахусус кишти картошка, сабзавот бояд масъулини соњаи кишоварзї хулосаи зарурї бароварда, масъулияти бо сифат таъмин гардидани сохтори кишти зироатњо ба зиммаи раисони шањру ноњияњо вогузор карда мешавад. Маврид ба ќайд аст, ки пахтакорони вилоят дар соли љорї ба дастоварди назаррас ноил гардида, тибќи маълумоти омории санаи 12-уми декабр ба нуќтањои ќабул ва корхонањои коркард зиёда аз 278,4 њазор тонна пахта бо вазни физикї супорида шудааст, ки иљрои дурнамои солона 100,1 фоизро ташкил дода, дар муќоиса нисбати сатњи соли гузашта 10,3 њазор тонна зиёд мебошад. Баробари ин, аз 19 шањру ноњияњои пахтакори вилоят 17-тои он бо сарбаландї аз уњдаи иљрои дурнамо баромада бошанд њам, ноњияњои Љ. Балхї 89,2 фоиз ва Фархор 85,7 фоизи дурнаморо таъмин намуданду халос. Аз 104 љамоати пахтакори шањру ноњияњои вилоят 82-тои онњо иљрои дурнаморо барзиёд таъмин намуданд. Сањми ноњияњои Данѓара, Хуросон, Н. Хусрав, Њамадонї, Ёвон, Кўшониён ва Панљ дар иљрои дурнамои истењсоли пахта шоёни тањсин мебошад. Иљрои барномаи бунёду барќароркунии боѓу токзорњо дар вилоят 100,9 фоиз таъмин гардида, дар давраи њисобот 1029 гектар боѓу токзор бунёд ва 414,7 гектар майдони боѓу токзор барќарор карда шуда, дар аксар шањру ноњияњо, башаклдарорї ва коркарди кимёвии боѓњо ба итмом расонида шудаст. Бобати таъмини талаботи хољагињои кишоварзї бо тухмї барои њосили соли 2021 ба њолати 1 декабри соли равон њамагї 43886 тонна ѓалладона ва лўбиёгї, 39864 тонна гандум, 3154 тонна љав, 453 тонна шолї, 985 тонна љуворимакка, 411 тонна дигар ѓалладона ва лўбиёгињо, 4344 тонна картошка, 40 тонна сабзавот ва 7064 тонна чигит захира карда шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2411 тонна ѓалладона ва лўбиёгї, 2131 тонна гандум, 132 тонна љав, 94,4 тонна шолї, 14,6 тонна љуворимакка, 45,8 тонна дигар ѓалладона ва лўбиёгињо, 314 тонна картошка, 4,8 тонна сабзавот ва 506 тонна чигит зиёд мебошад. Љињати нигоњдории мањсулоти кишоварзї, захира намудани мањсулот ва таъмини бозори истеъмолї дар шањру ноњияњои вилоят 47 адад анборњо бо иќтидори 5597 тонна ва 50 адад сардхонањо бо иќтидори 20040 тонна мањсулоти кишоварзї барои захираи маводи аввалияи ѓизої омода мебошанд. Ба имрўз дар анборхонањо 613 ва дар сардхонањо 1675 тонна, дар маљмўъ 2288 тонна мањсулоти кишоварзї нигоњ дошта мешавад. Аз он љумла 634,0 тонна пиёз, 805,0 тонна сабзї, 97,0 тонна картошка, 213,0 тонна себ, 7,0 тонна нок, 91,0 тонна анор, 40,0 тонна ангур ва 401,0 тонна дигар мањсулотњо захира карда шудаааст. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои Ќубодиён, Н. Хусрав, Љ. Балхї, Панљ, Темурмалик, Левакант, А.Љомї, Ховалинг ва Фархорро зарур аст, ки љињати сохтану
ба истифода додани сардхонањо чораљўї намуда, њамзамон, ба раисони шањру ноњияњои вилоят супориш дода мешавад, ки барои истифодаи иќтидорњои мављуда тадбирњои иловагї андешанд. Бо маќсади таъмини ањолї бо мањсулоти истењсоли худї дар њамаи бахшњои хољагидории вилоят 976,4 њазор сар чорвои калони шохдор, аз љумла 502 њазор сар модагов, 2,4 миллион сар гўсфанду буз, 2,3 миллион сар паранда, 59,7 њазор сар асп, 61,5 њазор оилаи занбўри асал ва 37,8 њазор сар харгўш парвариш карда мешавад, ки афзоиши он нисбат ба њамин давраи соли гузашта чорвои калони шохдор 9 њазор сар, модагов 4,2 њазор сар, гўсфанду буз 50,9 њазор сар, паранда 106 њазор сар, асп 184 сар, оилаи занбўри асал 337 оила ва харгўш 460 сар зиёд мебошад. Дар њамаи бахшњои хољагидорї 137633 тонна гўшт, 423,9 њазор тонна шир, 94,5 миллион дона тухм, 4830 тонна пашм, 1026,5 тонна асал ва 2021,3 тонна моњї истењсол карда шуд, ки афзоиши он нисбат ба њамин давраи соли гузашта 13494,1 тонна гўшт, 11624,3 тонна шир, 16,0 миллион дона тухм, 57,0 тонна пашм, 54,8 тонна асал ва 223,8 тонна моњї зиёд мебошад. Љињати хушзот гардонидани саршумори чорво дар шањру ноњияњо 108 адад нуќтањои бордоркунии сунъии чорво фаъолият намуда, 89 адади онњо бевосита дар мањалњои ањолинишин ва дењањои калон ташкил карда шудааст, ки барои бордоркунии сунъии чорвои ањолї хизмат мерасонанд. Дар нуќтањои мазкур 14153 сар њайвони калони шохдор бо таври сунъї бордор карда шуда, 10924 сар гусолаи хушзот гирифта шуд, ки 77 % ташкил дода, дар доираи талаботњои зоотехникї ќарор дорад. Камбудии асосии нуќтањои бордоркунии сунъии шањру ноњияњо хусусан дар бахши љамъиятї ин бо потенсиали пурра кор накардани онњо ба њисоб меравад. Моњи ноябри соли 2020 дар «Фестивал-намоиши чорвои зотї» аз бобати бењтар намудани зоти чорвои калон ва майдаи шохдор, самаранок ба роњ мондани фаъолияти нуќтањои бордоркунии сунъї, барои таъминоти талаботи дохилї бо шир, мањсулоти ширї, тухм ва гўшти парњрезии паранда супоришњои зарурї дода шуд. Дар шањру ноњияњои вилоят 14 адад фабрикањои парандапарварї фаъолият дошта, 607,5 њазор сар паранда парвариш карда мешавад, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 134,7 њазор сар зиёд мебошад. Дар ин давра истењсоли тухм ба 16,1 млн дона ва гўшт ба 6060 тонна расонида шуд. Боиси ќайд аст, ки дар давраи њисобот дар шањру ноњияњои Кўлоб, Левакант, Вахш, Хуросон, Шањритус, Дўстї, Панљ, Ёвон, Данѓара, Муъминобод, Фархор, Ховалинг ва Балљувон фабрикањои парандапарварї то расонидан ба коркарди саноатї фаъолият намуда, имконият дод, ки таъминоти сокинони вилоят бо мањсулоти худї ва ба коњиши воридоти гўшти парњезї мусоидат намуд. Мувофиќи маќсад мешуморам, ки дар њамаи шањру ноњияњо барои таъмини ањолї љињати бунёди фабрикањои парандапарварї тадбирњои иловагї андешида шавад. Дар вилоят 12 адад хољагињои зотпарварї барои парвариши 5063 сар чорвои калони шохдор, 14 адад хољагињо барои парвариши 104,6 њазор сар чорвои майдаи шохдор ва 4 адад хољагињо барои парвариши 435 сар аспи зоти тољикї, ки дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон њамчун хољагињои зотпарварї ба њисоб рафта, аз њисоби ин хољагињо 2637,7 тонна шир, 932,3 тонна гўшт ва 1148 сар гўсолаи хушзот, 34661 сар барраю бузѓола ва 87 сар тойча ба даромад гирифта шудааст. Соњаи моњипарварї сол то сол рушд ёфта, шумораи хољагињои моњипарварї ба 260 адад расонида шуда, нисбат ба соли гузашта 39 адад зиёд буда, ба онњо 2233,8 гектар кўлу њавзњо вобаста карда шуда, 1891,1 тонна моњї истењсол гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 179,6 тонна зиёд буда, ба таъмини сокинони вилоят бо гўшти моњї мусоидат намуд. Бо маќсади омодагї ба зимистонгузаронї дар вилоят 1 милиону 66 њазор тонна захираи хошоки дурушт, аз љумла 413 њазор тонна хасбеда, 53,3 њазор тонна тарбеда, 600,3 њазор тонна коњ ва хўроки ширадор 44,2 њазор тонна захира карда шудааст, ки 140,2 фоизи дурнаморо ташкил намуда, нисбати њамин давраи соли гузашта 44,8 њазор тонна зиёд мебошад. Дар давраи њисобот 3614 њолати ќонунвайронкунї дар майдони умумї 1881 гектар дар мањал ошкор карда шуда, аз љумла 1266,45 гектар замини корами обї, 34 гектар замини корами лалмї, 9,5 гектар замини нињолњои бисёрсола, 111,1 га замини чарогоњ ва дигар заминњо 460,09 гектар бартараф карда шуда, 270 мавод ба маќомоти прокуратура пешнињод гардида, барои маљбуран ситонидани љаримањои басташуда 152 маводи маъмурї ба судњои шањру ноњияњо ирсол карда шуд. Дар шањру ноњияњои вилоят дар давраи њисоботї 398 маротиба аксияи “Тозагии мањал” бо иштироки 97016 нафар шањрвандон гузаронида, 4885,25 метри мукааб партовњо бароварда шуд. Њангоми гузаронидани аксияњо 375 адад партовњои бесоњиб ва ѓайрирасмї бартараф карда шуданд. Дар ин давра, оид ба истифодабарии фурўзонакњои каммасраф корњои фањмондадињї бурда шуда, нисбати 780 нафар шахсони масъул, оиди иљро накардани талаботи ќоидањои љамъоварии лампањои симобдори аз истифодабаромада ба маблаѓи 139,8 њазор сомонї љарима баста, бо пуррагї ба буљет ворид карда шуд. Дар маљмўъ, дар дењањои калон ва мањалњои ањолинишини шањру ноњияњо, ташкилоту корхонањо 1726 нуќтањои ќабул ташкил карда шуда, аз ањолї ва ташкилоту корхонањо 275273 адад лампањои каммасрафи аз истифода баромадаи симобдор љамъоварї карда шудааст. Имрузњо дар тамоми шањру ноњияњои вилоят маъракаи нињолшинонию кабудизоркунї оѓоз гардида, то санаи 24 декабр дар вилоят њамагї 79,3 њазор бех дарахтон, аз љумла 30 њазор бех дарахтони сояафкан, 33,7 њазор бех дарахтони њамешасабз ва 15,6 њазор бех дарахтони ороишї, инчунин 631,6 њазор бех гулу гулбуттањо, аз он 195,7 њазор бех лола, 99,9 њазор бех садбарг, 336 њазор гулњои мавсимї шинонида шуда ва дар масоњати 12105 метри мураббаъ кишти алафњои њамешасабз гузаронида шудаст. Ѓайр аз ин дар шоњроњњои њудуди вилоят 1975 бех дарахтони сояафкану ороишї шинонида шудааст. Зарур мешуморам, ки айни замон мавсими хеле хуби шинонидани нињолњои њосилдењ ва
ороишї, бунёди гулгаштњо, хиёбону роњравњо фаро расида, масъулини соњаро зарур аст, ки љињати таќвият бахшидани корњои бунёдкорї, шинонидани нињолњо, гулњои гуногун, бахусус гули лола тадбирњои иловагї андешанд. Дар вилоят барои иљрои наќшаи чорабинињои тирамоњї зимистона ва бењтар намудани њолати мелиоративии заминњо, тоза намудани зањбуру зањкашњо, ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои бекор тадбирњои зарурї андешида шуда истодааст. Љамъоварии маблаѓи њаќќи хизмати обрасонї дар ин давра ба 28,7 миллион сомонї расонида шуд, ки 68,4 фоизи маблаѓи оби додашударо ташкил дода, баќияи ќарзи њаќќи хизмати обрасонї ба 87,9 миллион сомонї расида, нисбат ба аввали сол 12,8 миллион сомонї афзоиш ёфтааст. Иљрои дурнамои бењтар намудани њолати мелиоративии заминњои кишоварзї аз њисоби њамаи манбањои маблаѓгузорї 98,0 фоиз таъмин карда шуд. Њозирини гиромї! Дар давраи њисобот дар соњаи саноат љињати таъмини иљрои њадафи чоруми миллї - саноатикунонии босуръати кишвар, истењсоли мањсулоти нињої, ба кор андохтани иќтидорњои нав, истифодаи иќтидорњои истењсолии мављуда ва содиротї, як силсила тадбирњои амалї гардиданд. Дар ёздањ моњи соли љорї, њаљми истењсоли мањсулоти саноатї дар вилоят ба 7 млрд. 927,8 млн. сомонї расид, ки нисбати њамин давраи соли 2019-ум 237,3 млн. сомонї зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо нархњои њаќиќї 3,1 фоиз ва бо нархњои муќоисавї 0,3 фоизро ташкил дода, дар вилоят 90 номгўи мањсулоти саноатї истењсол мешавад. Дар доираи амалигардонии наќшаи чорабинињо оид ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон соли љорї 88 адад корхонаю коргоњи нави саноатї таъсис дода шудааст. Њамчунин, дар ин давра дар корхонањои навтаъсиси соњаи саноат 1742 адад љойи кории нав таъсис дода шудааст. Суръати рушди соњаи саноат асосан аз њисоби афзоиши соњаи саноати истихрољ 6,3 фоиз ва хизматрасонии об 0,6 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра њиссаи саноати коркард дар њаљми истењсоли мањсулоти саноатї 49,0 фоиз, истењсол ва таъминоти нерўи барќ 46,7 фоиз, саноати истихрољ 3,8 фоиз ва таъминоти об, тозакунї, коркарди партовњо ва дастрасии коркарди дуюмдараља 0,5 фоизро ташкил намуд. Тањлилњо нишон медињанд, ки дар соњаи хўрокворї ба маблаѓи 844,1 млн сомонї мањсулот истењсол шуд. Бањри таъмини бозори истеъмолї бо мањсулоти ватанї аз љониби ташкилотњои соњавї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо якљо бо корхонањои истењсолї љињати ташкили кластерњои саноатї барои истифодаи пурраи иќтидорњои коркарди нињоии мањсулоти соња, љорї намудани технологияи муосири истењсоли саноати хўрокворї, дар сатњи зарурї ба роњ мондани фаъолияти маркетингї, ташкили марказњои логистикї, анборњои нигоњдории мањсулоти озуќаворї ва корхонањо барои бастабандї дар минтаќањои вилоят андешидани тадбирњои зарурї ба маќсад мувофиќ мебошад. Эълон гардидани пандемияи коронавирус дар љањон ва вазъи бавуљудомадаи эпидемологї таъсири манфии худро ба бозорњои истеъмолии љумњурї, аз љумла ба вилояти Хатлон расонида истодааст. Бо маќсади дастгирии корхонањои дар њудуди вилоят фаъолиятдошта ва таъмини бозори дохилї бо мањсулоти худї, инчунин, паст кардани арзиши аслии истењсоли орд кишоварзонро зарур аст, ки љињати афзоиши истењсоли гандум ва сифати он диќќати махсус зоњир намоянд. Бояд ќайд намуд, ки дар моњњои январ-ноябри соли 2020 дар вилоят 167,5 њазор тонна орд истењсол карда шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта камтар буда, сабаби асосии коњиш ёфтани истењсоли орд кам ворид гардидани гандум (4,0 њазор тонна) мебошад. Бо назардошти ин омил ва таъмини бозори истеъмолии вилоят масъулин ва соњибмулкони корхонањои саноатиро зарур аст, ки доир ба воридоти гандум аз хориљи кишвар тадбирњои заруриро амалї намоянд. Корхонањои истењсоли нассољї ва дўзандагї, яке аз зерсоњањои афзалиятноки соњаи коркард ба њисоб рафта, љињати рушди ин соња аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тавваљуњи хоса зоњир карда шуда, пайваста дастгирї карда мешавад. Њаљми истењсоли мањсулоти зерсоња ба 10,7 млн сомонї баробар гардид. Дар ин давра корхонањои ресандагии вилоят 12550,4 тонна ресмони пахтагї истењсол намудаанд. Эълон гардидани пандемияи коронавирус дар љањон аз љониби Созмони Умумиљањонии Тандурустї андешидани тадбирњои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиётњои зиддиэпидемиявї таќозо намуд. Дар ин раванд љињати иљрои дастуру супоришњои Пешвои миллат, аз љониби як ќатор корхонањои дўзандагии вилоят, аз љумла, ЉДММ «Фармтекс»-и ноњияи Данѓара, ЉДММ «Кота Глобал»-и шањри Бохтар ва дигар корхонањои истењсоли ниќобњои тиббї ба роњ монда, шуд. Иќтидори истењсоли ниќобњои тиббї дар корхонањои мазкур њамарўза бо миќдори 10 њазор дона ин намуди мањсулот истењсол ва ба фурўш бароварда мешаванд, ки ба пешгирии беморињои сироятї мусоидат намуда истодааст. Аз љониби 29 адад корхонањои соња 3,2 млн. дона ниќобњои тиббї ба маблаѓи 8 млн. сомонї ба миќдори 31,6 њазор дона мањлул барои бењдошти шахсї (антисептик) истењсол карда шудааст. Бояд ќайд намуд, ки бо маќсади безараргардонии њудуди шањру ноњияњои вилоят дар давраи пандемияи «COVID-19» аз љониби ЉСК «Тољикхимпром» истењсоли оњаки хлордор ба роњ монда шуда, ба миќдори 389,2 тонна ин намуди маводи кимиёвї истењсол ва ба фурўш бароварда шудааст. Бо маќсади иљрои супоришњои Њукумати љумњурї дар самти зиёд намудани мањсулоти нињої аз пўст тамоюли мусбат мушоњида мегардад. Аз рўи маълумоти оморї аз 178 намуд муњимтарин мањсулоти саноатии дар вилоят истењсолшаванда афзоиши њаљми истењсоли 141 номгўи он таъмин гардид. Њамзамон истењсоли 18 номгўи молњое, ки дар њамин давраи соли гузашта истењсол нагардида будаанд, аз љумла, пахтаи тиббї, докаи тиббї, либоси махсусї тиббї, ниќоби тиббї, истихрољи хок
ба роњ монда шуд. Ќайд бояд кард, ки љињати иљрои њадафи чоруми мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар дар баробари таъсиси корхонањои саноатї ва таъмини афзоиши њаљми истењсоли мањсулоти саноатї масъалаи ташкили љойњои нави корї ва пайваста афзоиш додани шумораи кормандони соњаи саноат яке аз масъалањои муњим ва афзалиятнок арзёбї мегардад. Бинобар ин андешидани тадбирњо дар ин самт хеле муњим мебошад. Тањлилњо нишон медињанд, шумораи коргарони соњаи саноат 19044 нафарро ташкил намуда, аз ин дар соњаи саноати истихрољ 11,4 фоиз, соњаи коркард 58,7 фоиз, таъминоти барќ 22,8 фоиз ва хизматрасонии об 7,0 фоиз рост меояд. Дар моњњои январ-ноябри соли 2020 дар маљмўъ рушди саноат дар аксари шањру ноњияњои вилоят таъмин гардид. Дар давраи њисоботї вобаста ба иљрои супориши Президенти кишвар доир ба таљдиди неругоњи барќи обии «Сарбанд» ва зиёд намудани иќтидори он, корњо дар самтњои барќарорсозии таљњизотњои истењсолї нерўи барќ (аз љумла, иваз намудани агрегатњои раќами 3 ва 6), зеристгоњи 220кв/110/35/6кв, иншооти Сарбанд 110кв ва сохтмони зеристгоњи нави Рўдакї 110кв дар ноњияи Восеъ босуръат идома доранд. Дар доираи Лоињаи CASA-1000 бошад, корњои лоињакашию љустуљўї бо љалби ширкатњои сохтмонию тањвилкунандаи молу таљњизоти зарурї идома ёфта истодааст. Дар моњњои январ-ноябри соли 2020 истењсоли неруи барќ (бо НБО-и хурд) 14,4 млрд кВт соатро ташкил дода, ба вилоят барќи фоиданок 2,6 млрд. кВт соат ё худ ба маблаѓи 600,6 млн. сомонї интиќол дода шуд. Аммо љамъоварии маблаѓи барќи истифодашуда дар шањру ноњияњои вилоят ба 518,4 млн сомонї расида, љињати аз байн бурдани ин норасої на дар њамаи шањру ноњияњо тадбирњои сариваќтї андешида мешаванд. Дар асоси Амри Президенти Љумњурии Тољикистон вобаста ба таљлили љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ќарорњои раиси вилоят аз 21 - уми феврали соли 2018, №51 “Дар бораи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон” ва аз 12 феврали соли 2019, №41 “Дар бораи озмуни вилоятии “Ободгари Ватан”” ба тасвиб расида, бањри бо дастовардњои арзанда истиќбол гирифтани ин санаи таърихї наќшаи чорабинињо тањия гардида, мавриди иљро ќарор доранд. Дар давраи њисобот, дар шањру ноњияњои вилоят бунёду азнавсозї ва таъмиру тармими 7667 иншоот, аз љумла 322 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї, 151 муассисаи томактабї, 30 ќасри фарњанг, 33 боѓи фарњангию фароѓатї, 56 гулгашт, 91 китобхона, 52 беморхона, 334 бунгоњи тиббї, 105 маркази саломатї, 30 таваллудхона, 223 нуќтаи хатнаи кўдакон, 197 дорухона, 431 сартарошхона, 232 њаммом, 193 кошонаи њусн, 500 маркази савдо, 375 маркази хизматрасонї, 124 толор ва 409 майдончаи варзишї, 57 майдончаи бозии кўдакон, 380 корхонаю коргоњи истењсолї ва 1909 адад дигар иншоотњо пешбинї гардидаанд. Дар ин давра дар 5640 адад иншоотњо корњои сохтмонї ба анљом расида, зиёда аз 4860 адади онро соњибкорон бунёд намуда, сањми арзандаи худро дар корњои ободонию бунёдкории вилоят гузошта истодаанд. Вобаста ба ин бо маќсади њавасмандгардони соњибкорон бо ташаббуси бевоситаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят озмуни «Ободгари Ватан» гузаронида шуда, аз соли 2018 то ин љониб ба 143 нафар соњибкорон бо Сипоснома ва туњфањои хотиравии раиси вилоят ќадрдонї карда шуданд. Дар ин давра љињати тањкими корњои ободониву созандагї, бунёду азнавсозї ва таъмиру тармими 2104 иншоот пешбинї шуда, аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо, соњибкорон, шахсони саховатманд, кумитаи падару модарони муассисањои соњаи маориф, инчунин, бо љалби сармояи дохилию хориљї 2105 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди бањрабардорї ќарор дода шуданд, ки 100,0 фоизи наќшаи солонаро ташкил мекунад. Дар ин замина 2968 љойњои кори доимї ва 5285 љойњои кори мавсимї таъсис дода шудааст. Дар самти сохтмони иншооти соњањои иљтимоию фарњангї ва истењсолї тадбирњо андешида, аз њисоби њамаи сарчашмањо ба маблаѓи 816,5 миллион сомонї фондњои асосї ба истифода дода шуда, аз њисоби њамаи манбаъњои маблаѓгузорї дар њаљми 1 млрд. 984,6 миллион сомонї корњо иљро гардид. Илова бар ин, корњои сохтмону васлкунї ба маблаѓи 1 млрд 425,7 миллион сомонї иљро гардида, ба маблаѓи 593,3 миллион сомонї корњои пудратї ба итмом расонида шуданд. Дар ин муддат бо ќарорњои дахлдори раисони шањру ноњияњо 2699 адад бинову иншоотњо ба маблаѓи 524,1 миллон сомонї, ба њисоботњои оморї ворид гардид. Инчунин, 1721 адад хонањои шахсї дар масоњати 265,6 њазор метри муррабаъ мавриди истифода ќарор дода шуд, ки суръати афзоиши бунёди манзили истиќоматї 17,9 фоизро дар бар мегирад. Дар давраи њисоботї тибќи маълумотњои оморї дар 54 мактаб 301 синфхона барои 7541 љойи хониш, 3 муассисаи томактабї барои 270 љой, беморхона 2 адад барои 56 кат, муассисањои амбулаторї 36 адад барои 355 ќабули беморон дар як баст, дорухона 42 адад, китобхона 16 адад, бунёд ва барќароросозии 64 адад пулњо, кашидани хати оби нўшокї 111,9 километр, 3 адад фермаи чорвопарварї, 6 адад фермаи парандапарварї, 4 адад сардхона ва 9 адад гармхона, инчунин, 1382 адад марказњои савдо, хизматрасонї ва дигар иншоотњо ба истифода дода шуда, корњои ободониву бунёдкорї дар њамаи шањру ноњияњои вилоят бо маром идома доранд. Вобаста ба ин раисони шањру ноњияњо, вакилон ва фаъолони вилоятро зарур аст, ки њамкорињоро бо соњибкорони мањаллї, шахсони баруманд ва љомеаи шањрвандї таќвият бахшида, љињати дар муњлатњои муайяншуда ва бо сифат ба анљом расонидани корњо дар иншоотњои љашнї чорањои иловагї андешанд. Дар натиљаи истифодаи самараноки захираву имкониятњои мављуда ба кормандони соњаи наќлиёту роњнигоњдорї муяссар гардид, ки рушди бонизоми соњаи наќлиёт ва коммуникатсия таъмин карда шавад. Дар ин давра тавассути маљмўи наќлиёт 21,2 миллион тонна борњои гуногуни хољагии халќ ва 92,6 миллион нафар мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба њамин давраи соли 2019 мутаносибан 4 ва 4,9 фоизро ташкил медињад.
Аз ин миќдор тавассути наќлиёти автомобилї 20,6 миллион тонна бор ва 92,5 миллион нафар мусофир кашонида шуда, њиссаи он дар маљмўи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 97,1 ва 99,9 фоиз расонида шуда, тавассути роњи оњан 572,5 њазор тонна бор интиќол ва ба 31,9 њазор мусофир хизмат расонида шуд. Вобаста ба дастури Пешвои миллат ва бо назардошти имтиёзњои муќаррарнамуда, интиќоли бор таввасути роњи оњани вилоят бахусус ба роњ мондани содироти мањсулоти кишоварзї ба хориљи кишвар тариќи масири Амузанг дар давраи њисоботї нисбати соли гузашта 5,9 њазор тонна ё худ 91 вагони бордор зиёдтар мањсулот содирот гардида, воридот низ таввасути ин роњи оњан 26,2 њазор тонна ё худ 554 ќатораи бордор зиёд шудааст. Новобаста ба ин, љињати рушди боргардиш таввасути ин минтаќа муовини раиси вилоят Файзуллозода З., шуъбаи наќлиёт ва коммуникатсияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, намояндаи роњи оњан дар вилоят вазифадор карда мешаванд, ки њамкории ќавиро бо Вазорати наќлиёт ва дигар масъулон ба роњ монда, нисбати додани имтиёзњо барои соњибкорон аз тарафи роњи оњани Ўзбекистон дар доираи Созишномањои ќабулгардида ба Њукумати Љумњурии Тољикистон таклифу пешнињод манзур намоянд. Дар давраи сипаригардидаи соли љорї аз њисоби њамаи манбаъњои маблаѓгузорї 3653 километр роњ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 264 километр таъмири асосї, 2937 километр таъмири љорї ва 452 километр сангфаршро ташкил медињад. Барои корњои иљрошуда њамагї 178,8 млн сомонї маблаѓ, аз љумла аз њисоби буљети мањаллї 4,6 млн. сомонї ва соњибкорон 153,8 млн сомонї маблаѓгузорї гардида, роњњо таъмири асосї, љорї ва сангфарш карда шудааст. Дар ќаламрави вилоят 2 телевизиони вилоятї, 2 телевизиони мањаллї, 2 радиои вилоятї фаъолият дошта, пахши барномањои телевизиони вилоят 18 соат ва радио 16 соат ба роњ монда шудааст. Илова бар ин, дар марказњои љамоату шањракњо ва љойњои серодам 211 баландгўяк насб гардидааст. Њамзамон, 50 нашрияи расмї, 45 рўзнома ва 5 маљалла дар вилоят ба нашр мерасанд, ки аз љумлаи он 1 рўзнома хусусї мебошад. Фарогирии пахши барномањои телевизиони “Тољикистон” 99,6 фоиз, “Сафина” 96,0, “Бањористон” 96,1, “Љањоннамо” 70,0, “ТВ Хатлон” 60,0, фоизро дар бар мегиранд. Муњтарам вакилон! Њозирини гиромї! Соњаи маориф яке аз самтњои муњим ва афзалиятноки сиёсати Њукумати мамлакат ба њисоб рафта, ба ин соња њамчун захираи стратегии инкишофи зењнї ва омили муњимтарини тањкими давлатдорї эътибори љиддї дода мешавад. Соли тањсили 2020-2021 дар вилоят 779,6 њазор нафар хонандагон, аз љумла 375,3 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли тањсили 2019-2020 шумораи муассисањои таълимї 9 адад ва шумораи хонандагон 26,9 њазор нафар зиёд гардид. Дар моњњои январ-ноябри соли 2020, мувофиќи маълумотњои оморї, дар вилоят 982 муассисањои тањсилоти томактабї ва маркази инкишофи кўдак, аз љумла 156 муассисаи тањсилоти томактабї, 826 марказњои инкишофи кўдак фаъолият намуда, 38842 нафар кўдаконро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаи томактабї ва маркази инкишофи кўдак дар шањру ноњияњои вилоят 27 адад афзудааст. Тибќи ќарори раиси вилояти Хатлон аз 28 майи соли 2014, №107 дар бораи наќшаи дурнамои таъсиси муассисањои тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии хусусї 365 адад муассисањои тањсилоти томактабї ва 179 адад муассисањои миёнаи умумии хусусї дар вилоят таъсис дода шуда, фаъолият доранд. Дар давраи њисоботї, шумораи омўзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, 68,5 фоизи шумораи умумии омўзгоронро ташкил менамоянд. Тибќи роњхати Вазорати маориф ва илм 1518 нафар омўзгорони љавон ба вилоят фиристонида шуда, 1097 нафар ба љойи кор њозир гардиданд. Айни њол, эњтиёљ ба кадрњои омўзгорї дар муассисањои таълимии вилоят дар соли хониши 2020–2021-ум 144 нафар муайян карда шуда, дархост барои таќсимоти хатмкунандагони муассисањои тањсилоти олї ба Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ирсол гардид. Дар муассисањои шањру ноњияњои вилоят соли тањсили 2019-2020-ум 49075 нафар хонанда хатм намуда, тариќи Маркази миллии тестї 80,0 фоиз ба мактабњои олию миёнаи касбї дохил шуданд. Аз ин ба муассисањои олии дохили кишвар 57,0 фоиз, ба хориљи кишвар 411 нафар ва тибќи квота 529 нафар ба тањсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 6 нафар хонандагон аз шањру ноњияњои Данѓара, Левакант, Бохтар, Вахш, Шањритус ва Ёвон мактаби миёнаро бо аттестати аъло ва медали тилло хатм намуданд. Дар даври њисоботї, хонандагони муассисањои таълимии вилоят дар олимпиадањои анъанавї, номї ва байналмилалї ширкат варзида, ба гирифтани 101 љойњои фахрї ноил гардиданд. Аз љумла, шогирдони муассисањои таълимии шањру ноњияњои Данѓара соњиби 26 љойи ифтихорї, Восеъ 20, Бохтар 9, Кўлоб 8 ва Кўшониён 7 љойи ифтихорї гардиданд, ки нисбати соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад. Дар олимпиадањои байналмилалии фаннї, лоињавї ва фосилавї сазовори 19 љойњои ифтихорї гардиданд. Аз ин теъдод 13 љойи ифтихорї (1 медали тилло, 9 медали нуќра ва 3 медали биринљї) аз ноњияи Восеъ, 3 медали биринљї аз ноњияи Кўшониён, 2 медали биринљї аз шањри Норак ва 1 медали биринљї аз ноњияи Балљувон касб намуданд. Дастгирии омўзгорони љавон яке аз сиёсатњои пешгирифтаи Њукумати мамлакат буда, дар ин давра 127 нафар соњиби имтиёз гардиданд, аз љумла 10 нафар омўзгорони љавон соњиби замини наздињавлигї, 2 нафар соњиби замини полезї ва 115 соњиби ќарзи имтиёзнок гардид. Дар вилоят озмунњои љумњуриявии “Фурўѓи субњи доної китоб аст”, “Тољикистон - ватани азизи ман” дар сатњи зарурї баргузор гардида, ба давраи љумњуриявии озмунњо 119 нафар роњхат гирифтанд. Дар натиља дар даври нињоии озмуни љумњуриявии “Тољикистон-ватани азизи ман” 15 нафар довталабони вилояти Хатлон бо Диплом ва
(Давомаш дар сањ. 3)
ДУШАНБЕ, 28 декабри соли 2020, №53 (3289)
НОВОБАСТА БА ТАЪСИРИ ПАЊНШАВИИ БЕМОРИИ «КОВИД-19» РУШДИ ИЌТИСОДИЁТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪМИН ГАРДИД (Идома аз сањ. 2) 12 нафари онњо соњиби љойњои намоён ва дар озмуни љумњуриявии “Фурўѓи субњи доної китоб аст” 20 нафар сазовори љойњои ифтихорї ва 27 нафар бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. (Љои якум 1 нафар; љои дуюм 7 нафар; љои сеюм 12 нафар). Бобати иљрои ташаббуси “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи маориф барои солњои 202020240” тадбирњои зарурї амалї шуда истодаанд. Ба њифзи саломатии ањолї пайваста таваљљуњ зоњир шуда, бањри амалї намудани барномањои «Стратегияи миллии солимии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2020», «Консепсияи ислоњоти соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон», «Њадафњои рушди њазорсола дар бахши тандурустї» корњои назаррас ба иљро расиданд. Соли љорї барои кормандони тамоми соњањо, аз љумла, табибон соли имтињони љиддї буд, зеро онњо бо бемории њамагири COVID-19 мубориза бурда, ба барќарории саломатии аксари гирифторон ва пешгирї аз хуруљи ин беморї дар миёни ањоли муваффаќ гардиданд. Аз рўзњои аввали пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус бо такия ба ворисони асили Синои бузург тамоми тадбирњои пешгирикунанда ва фањмондадињиро миёни ањолї роњандозї намуда, мунтазам љаласањои Ситоди вилоятї гузаронида мешавад. Хушбахтона имрўз дар беморхонањои вилоят ягон нафар бо ташхиси COVID-19 бистарї набуда, беш аз 95 фоизи беморон шифо ёфтаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи худ ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ба њар як корманди соњаи тиб, ки барои пешгирї ва табобати беморон шабонарўзї хизмати содиќона анљом додаанд, самимона изњори миннатдорї менамоям. Бо вуљуди анљоми корњои пешгирикунанда њанўз њам хатари ин беморї дар кишварњои љањон кам нашуда, мављи дуюм ва сеюми он ба ќайд гирифта шудааст. Бо дарназардошти ин вабо дар муассисањои тиббии шањру ноњияњои вилояти Хатлон ба миќдори зарурї маводњои доруворї ва бењдоштї захира гардидааст. Кормандони соња ва тамоми шањрвандонро лозим аст, ки дар пешгирии ин беморї бо риояи талаботњои зиддиэпидемикї корњои тарѓиботию ташвиќотиро вусъат бахшанд. Дар вилоят 1612 муассисаи тандурустии давлатї, аз љумла 156 муассисаи сохтори госпиталї, 1167 муассисаи сохтори КАТС ва 110 муассисаи тиббии хусусї фаъолият доранд. Масъалаи таъминоти муассисањои тиббї бо мутахассисони дорои маълумоти олї ва миёнаи тиббї афзалияти асосї мањсуб ёфта, дар баъзе шањру ноњияњо норасоии мутахассисони соњањои тибби оилавї 251 нафар, беморињои занона 55, амрози даруна 55, сироятшиносї 35, ташхиси шуої, тањлилгар, наврасон 31, силшиносї 30, дандонпизишк 28 ва рўњшиносї 20 нафар ба назар мерасад. Дар замони муосир таблиѓи арзишњои миллию фарњангї, бедор намудани худшиносиву худогоњии миллї рисолати њар фарди ватандўст мањсуб меёбад. Дар муассисањои фарњангии вилоят бахшида ба таљлили љашнњои давлатї, миллї ва байналмилалї силсилаи чорабинињо, вохўриву суњбатњо, баромадњои дастањои њаваскорони санъати бадеї, намоишњои театрикунонидашуда, мулоќотњо атрофи мизи мудаввар, конфронсу семинарњо, намоишњои китобию матбуотї, асарњои рассомон, барномањои консертї ташкил ва гузаронида шуданд. Дар вилоят “Барномаи давлатии њифзи мероси таърихию фарњангї барои солњои 20122020», «Барномаи давлатии рушди муассисањои фарњанги Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016 - 2020», «Дар бораи Барномаи њифзи мероси фарњангии ѓайримоддии њалќи тољик барои солњои 2013-2020», «Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмаќом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2017-2021» ва «Барномаи давлатии рушди санъати касбии тољик барои солњои 2012-2020» татбиќ шуда истода, тибќи наќшаи чорабинињои барномањои мазкур муассисањои фарњангии шањру ноњияњо марњала ба марњала таъмиру тармим гардида, бо таљњизотњои техникї, сарулибоси сањнавї, асбобњои мусиќї, мизу курсї муљањњаз гардида истодаанд. Новобаста ба корњои анљомдода дар ин самт њоло њам камбудию норасоињо љой дошта, дар умум заминаи моддию техникии муассисањои фарњангї ба дастгирї ниёз доранд. Бинобар кам будани теъдоди кормандони соњаи фарњанги вилоят аз њисоби маълумотњои олї ва миёнаи умумї дар бахшњои фарњанги шањру ноњияњои вилоят аксар кормандон бо маълумоти ѓайрисоњавї фаъолият менамоянд. Дар доираи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи љавонон ва сиёсати давлатии љавонон” ва љињати иљрои дастуру супоришњои Пешвои миллат ба рушди соњаи љавонон таваљљуњи хосса зоњир карда шуд. Таъмини иштироки љавонон дар њаёти иљтимоию иќтисодї, сиёсию фарњангї ва маънавию маърифатї яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят мањсуб ёфта, бо ин маќсад аз љониби масъулини соња баргузор намудани чорабинињои ташвиќотию тарѓиботї, иттилоотию маърифатї, тарбиявию ахлоќї бањри бедор намудани њисси хештаншиносию худогоњии миллии насли љавон ба таври мунтазам роњандозї гардида истодааст. Барои тарбияи љавонон дар рўњияи инсонпарварї, ватандўстию шуљоатмандї ба таљдиди инфрасохтори соња ва бунёди иншоотњои нав, аз ќабили муассисањои таълимї, марказњои љавонон, боѓњои фароѓатию фарњангї, гулгаштњо ва иншоотњои варзишї афзалият дода мешавад. Ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон
дар њамаи шањру ноњияњои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншоотњои варзишї пешбинї гардидааст, ки ин ба рушди соњаи варзиш ва таъмини солимии љомеа заминаи мусоид фароњам меоварад. Айни њол дар миќёси вилоят 3862 иншооти варзишї, аз љумла, 35 варзишгоњ, 3037 майдончаи варзишї, 532 толор, 33 њавзи шиноварї ва 218 маљмааю иншоотњои махсуси варзишї, аз ќабили тир, боулинг, фитнес ва клубњои ихтиёрї фаъолият доранд. Бањри дар амал татбиќ намудани сиёсати давлатии љавонон дар миќёси вилоят дар даври њисобот дар самти тарбияи љисмонї ва варзиш дар сатњи вилоят мусобиќањо бо фарогирии љавонон гузаронида шуданд. Аз рўйи натиљањои мусобиќањои вилоятї дастаи варзишгарони вилоят барои иштирок дар мусобиќањои мухталифи љумњуриявию байналмилалї таъсис дода шуда, онњо дар 82 мусобиќаи љумњуриявї ва чемпионатњои Љумњурии Тољикистон иштирок намуда, соњиби 731 медали тилло, 609 медали нуќра ва 697 медали биринљї гардиданд. Инчунин, варзишгарони вилоят дар 9 мусобиќоти байналмилалї ширкат варзида, сазовори 14 медал, аз љумла 3 медали тилло, 4 медали нуќра ва 7 медали биринљї шуданд. Айни њол дар самти татбиќи сиёсати давлатии љавонон «Барномаи давлатии тарбияи ватандўстї ва тањкими њувияти миллии љавонон барои солњои 2018-2022» ва “Барномаи миллии рушди иљтимоии љавонони вилояти Хатлон барои солњои 2019-2021” амалї гардида истодааст. Бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 декабри соли 2020, љињати ташкилу баргузор намудани чорабинињои оммавї-варзишї ва солимгардонї миёни ањолї наќша чорабинињо тањия гардида, шурўъ аз љамоатњои дењот, шањру ноњияњо, дар байни ташкилоту муассисањои вилоятї аз рўи њамаи намудњои варзиш мусобиќањо баргузор карда мешаванд. Баргузории мусобиќањои футболи “Дења ба дења” аз зумраи њамин тадбирњо мебошанд, ки миёни наврасону љавонон роњандозї гардида истодааст. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят барои рушди устувори соњаи сайёњї ва љалби таваљљуњи љомеа ба имконият ва захирањои сайёњии вилоят, њавасманд гардонидани субъектњои хољагидори соњаи сайёњї ва омодасозии мутахассисони соња як силсила тадбирњои судмандро роњандозї намуда истодааст. Бо истифода аз имтиёзњои фароњамовардаи Пешвои миллат то ин давра 20 ширкати нави сайёњї таъсис ёфта, 21 харитаи сайёњї мавриди истифода ќарор гирифт. Дар њудуди вилоят 247 мењмонхонаву осоишгоњ, 42 осорхона ва 931 ёдгории таърихию фарњангї мављуд буда, њамаи онњо ба сайёњон хизмат мерасонанд. Дар ин давра, аз мавзеъњои сайёњии шањру ноњияњои вилоят 202 њазор нафар шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва 2193 нафар мењмонони хориљї дидан намуда, аз инфрасохторњои хизматрасонии онњо истифода бурданд. Дар ин давра љињати баланд бардоштани маќом ва наќши зан дар љомеа, татбиќи барномањои давлатї чорањои зарурї амалї карда шуданд. Бо маќсади бештар љалб намудани занон ба њаёти љамъиятї ва татбиќи «Стратегияи миллии фаъолгардонии наќши занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011 - 2020» ба омўзиши касбу њунар ва бо љойи кор таъмин намудани занону духтарон корњои муайян ба иљро расиданд. Имрўз занон дар њамаи соњањо фаъолият намуда, дар тањкими раванди рушди иљтимоию иќтисодии вилоят сањмгузоранд. Аз шумораи зиёда аз 1 миллиону 670 њазор нафар занону духтарони вилоят 9833 нафарашон занони роњбар ва 463 нафарашон хизматчии давлатї мебошанд. Дар вилоят 387 нафар олимон аз ин 78 нафар занон ё худ 20,1 фоизро ташкил дода, аз љумла, 3 нафар доктори илм, профессор, 75 нафар номзади илм, аз ин 28 нафар дотсент мебошанд. Дар самти тиљорат шумораи занони соњибкори инфиродии фаъолияткунанда дар ќайди маќомоти андоз 17541 нафарро ташкил дода, аз ин 12425 нафар бо шањодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд. Боиси хушнудист, ки љавондухтарони дењоти дурдаст, бахусус аз оилањои камбизоат тањти ѓамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дошта, њамасола барои тањсили онњо дар муассисањои тањсилоти олии љумњурї квота људо карда мешавад. Дар соли хониши 2020 - 2021 низ барои вилояти Хатлон 524 квота људо шудааст, ки аз он 268 квота барои духтарон мебошад. Дар маљмўъ, 1680 нафар донишљўдухтарони вилоят тибќи квота тањсил намуда истодаанд. Бо маќсади дастгирии њунармандон ва рушди њунарњои миллї дар соли 2020-ум 30 нафар занону духтарони соњибкасбии вилоят ба маблаѓи 700 њазор сомонї сазовори Гранти Президентї шуданд. Новобаста аз дастгирии давлатии занону духтарон, ќабул гардидани силсилаи барномањои давлатї дар ин самт ва татбиќи лоињањои гуногун дар љодаи тањкими институти оиладорї то њол масъалаи људошавии оилањои љавон дар сатњи нигаронкунанда ќарор дорад. Дар 11 моњи соли 2020 шумораи аќди никоњи ба ќайд гирифташуда 21734 адад ва ќайди бекоршавии аќди никоњ 2157 ададро ташкил намудааст. Дар 11 моњи соли 2020 дар шањру ноњияњои вилоят њамагї 36471 маъракаю маросим, аз љумла 33524 тўйи домодию арўсї, 1703 маъракаи “чил” ва 1244 маъракаи “сол” баргузор гардиданд, ки нисбат ба њамин даври соли гузашта миќдори тўйи домодию арўсї 9645 адад кам, маросими “чил” 594 адад зиёд ва “сол” 57 адад кам мебошад. Маблаѓи харљи умумї барои баргузории ин чорабинињо 125,3 миллион
3
ХАТЛОН
сомониро ташкил дода, нисбат ба соли ќаблї 30,4 миллион сомонї кам шудааст. Дар арафа ва рўзњои таљлили санањои таърихї ва љашнњои миллї хатнасури хайриявии 390 нафар кўдакон аз оилањои эњтиёљманд ва камбизоат бо ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, шањру ноњияњо ва сарпарастии корхонаю муассисањо, ширкатњо ва соњибкорон гузаронида шуданд. Бањри пешгирии њолатњои ќонуншиканї аз љониби комиссияњои муштарак давоми ёздањ моњи соли љорї 3929 рейд гузаронида шуда, 156 њолати вайрон намудани ќонунгузории танзим ошкор ва нисбати шахсони ќонунвайроннамуда љазои маъмурї татбиќ карда шуданд. Айни њол дар ќаламрави вилоят дар асоси талаботи ќонунгузории соња 1734 иттињодияи динї фаъолият доранд. Аз љумла, теъдоди масљидњои љомеи марказї 19, масљиди љомеъ 118, панљваќта 1592 ва иттињодияњои динии ѓайриисломї 14 ададро ташкил медињад. Мурољиати шањрвандон дар 11 моњи соли 2020 ба унвони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят дар маљмўъ 2758 мурољиат ворид гардид, ки нисбат ба њамин давраи соли 2019 (2836) 78 адад кам гардид. Аз теъдоди умумии мурољиатњои воридгардида 2019 хаттї, 739 шифоњї, 16 мурољиати шахсони њуќуќї ба ќайд гирифта шудаанд, ки 21 адади он мурољиати такрории шањрвандон мебошад. Аз мурољиатњои воридгардида 638 адад ба масъалањои гирифтани ќитъаи замин, сертификати њуќуќи истифодабарї ва људокунии сањм вобаста буда, мурољиатњои марбут ба гирифтани кумаки моддию молиявї 354 адад, вобаста ба таъмини манзил ва бањси манзил 298, масъалањои соњањои маорифу фарњанг 42, таъминот бо нафаќа, музди мењнат, сафари Њаљ ва тандурустї 105, оид ба фаъолияти роњбарон 55 ва вобаста ба дигар масъалањо 527 адад ба ќайд гирифта шудаанд. Муайян карда шуд, ки бештари мурољиатњои воридгардида аз шањру ноњияњои Кўлоб 269, Кўшониён 245, Бохтар 214, Ёвон 141, Восеъ 140, Вахш 130 ва Хуросон 78 адад мебошанд. Масъалаи интихоб ва љобаљогузории дурусти кадрњо ва таъмини иљрои самараноки фаъолияти маќомоти давлатї дар самти идоракунї ва хизмати давлатї аз тарафи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон муњим арзёбї шуда, дар паёмњои њарсола мунтазам таъкид мегарданд. Зеро амалишавии дастуру супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва корбарию коргузорї дар мањалњо аз њар яки онњо масъулияти љиддиро таќозо менамояд. Теъдоди бонувон дар хизмати давлатї 18,0 фоиз ва аз њисоби љавонон 34,2 фоиз кор ва фаъолият доранд. Дар давраи њисоботї дар вилоят миќдори умумии љиноятњои содиршуда 6453 њолатро ташкил намуд, ки нисбат ба њамин даври соли 2019-ум 1231 њолат ё 23,5 фоиз зиёд мебошад. Кўшиш ба харљ дода мешавад, ки нисбати њама гуна зуњуроту падидањои номатлуб муњити оштинопазир фароњам гардад ва дар ин замина тарбияи љавонон ва насли наврас дар руњияи ифтихор аз ватани соњибистиќлол ва худшиносии миллї густариш ёбад. Мањз, аз баракати сулњу суботи комил, вањдату сарљамъии миллат ва талошу зањмати пайгиронаи мардуми кишвар тањти сарварии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар давраи њисоботї нишондињандањои иљтимоиву иќтисодии вилоят афзуда, раванди татбиќи њадафњои миллї ва иљрои стратегияву барномањои давлатї дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори њамаи соњањо таъмин гардид. Муњтарам вакилон ва њозирини арљманд! Дар њисоботи худ ман оид ба дастовард ва пешравињои соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёт дар давраи њисобот гуфта гузаштам ва иброз медорам, ки дар ин пешравињо саъю кўшиши њар як сокини вилоят, аз љумла вакилон, кишоварзону коргарон, мутахассисону муњандисон, омўзгорону табибон, љомеаи шањрвандї ва роњбарону масъулони тамоми сохторњои маќомоти иљроия рўи даст омадаанд, ки аз иродаи ќавї, зањматпешагї ва њисси баланди ватандўстона доштани онњо ба Тољикистони муќаддасу мањбубамон дарак медињанд. Дар баробари ин, мехоњам махсус таъкид намоям, ки дар назди мову шумо њанўз њам мушкилоту масъалањои зиёди њалталаб ќарор доранд. Вазифаи муњимтарини вакилони мардумї, роњбарони тамоми ташкилоту муассисањои вилоятї, минтаќавї, раисони шањру ноњияњо, љамоатњои шањрак ва дењот, фаъолони вилоят аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кўшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири њифзи сулњу оромї, суботи сиёсї, вањдати миллї ва њалли мушкилотњои љойдошта дар мањалњо сафарбар созанд. Вобаста ба камбудию норасоињои љойдошта муовини якум, муовинони раиси вилоят, роњбари дастгоњи Раиси вилоят, роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї, минтаќавї, раисони шањру ноњияњо, љамоатњои шањраку дењот вазифадоранд, ки љињати њалли мушкилотњои љойдошта, иљрои дурнамо, наќшањо ва барномањои тасдиќгардида тадбирњои иловагиро амалї намуда, барои таъмини онњо, вусъат додани корњои ободонию созандагї бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз имкониятњои мављуда самаранок истифода баранд. То анљоми сол рўзњои башумор боќї монда, бо истифода аз ин фурсат ба Шумо ва тамоми сокинони вилоят фарорасии Соли нави мелодии 2021-ро табрику тањният гуфта, ба њар яки шумо - вакилони халќ, њозирини гиромї ва хурду бузурги мардуми шарифи вилоят саломативу сарбаландї, иќболи нек, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям. Њамеша сарфарозу сарбаланд бошед!
ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ БАРЌ Вобаста ба дастуру супоришњои Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати итстифодаи сарфакоронаи неруи барќ, истифодаи самараноки заминњои хољагињо, заминњои наздињавлигї ва президентї, пурзўр намудани чорањои пешгирї аз беморињои сироятї, хусусан каронавирус (COVID-19) ва омодагињо ба истиќболи сазовор аз љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон роњбари гурўњи кории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ховалинг оид ба амалї намудани наќшаи чорабинињо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон Рањимзода Рамазон Њамро бо роњбарони ташкилоту корхонањо, раисони хољагињои дењќониву инфиродї, раисони мањаллањо ва фаъолони ноњияи Ховалинг вохўрї доир намуд. Дар вохўрї ќайд карда шуд, ки новобаста ба мушкилоти мављуда, таъмири неругоњњо, боришоти кам дар фасли зимистону бањор, норасоии об бо супориши Сарвари давлат интиќоли шабонарўзии неруи барќ ба ањолї таъмин карда шудааст ва мебояд дар њар як оила, корхонаву ташкилот ба истифодаи сарфакоронаи он диќќати љиддї дода шавад, зеро истифодаи сарфакоронаи неруи барќ ва
пардохти сариваќтии маблаѓи истифодаи он ба пешрафти соња ва таъмини доимии ањолї бо равшаниву гармї мусоидат мекунад. Дар ин вохўрї масъалањои истифодаи заминњои наздињавлигї, назди ташкилоту корхонањо, вусъати корњои ободониву-бунёдкорї ва омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон баррасї гардиданд. Рањимзода Рамазон вобаста ба хуруљу пањншавии бемории COVID-19 дар давлатњои њамсоя ба масъулон ва гурўњњои корї љињати пурзўр намудани назорат ва корњои фањмондадињї дар байни ањолї оид ба риояи ќоидањои бењдоштї, истифодаи ниќобу маводњои антисептикї дастур дод. Дар ноњия бо ин маќсад дањ гурўњи корї аз њисоби кормандони маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, кормандони њифзи њуќуќ, оташнишонї, шабакањои барќї, тандурустї ва Њизби Халќии Демократии Тољикистон ташкил карда шудааст, ки дар кўчаву мањалла ва дењањо бо сокинон вохўрї намуда, нахуст миннатдории Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмонро ба њар як шањрванд нисбати иштироки фаъол дар маъракањои сиёсї, љонибдорї аз сиёсати давлату Њукумат, вусъати корњои ободонї, созандагї расонида, барои истифодаи сарфакоронаи неруи барќ, риояи њолатњои бехатарї аз сўхтор, омодагї ба љашнњои дарпешистода, самаранок истифода бурдани њар як ваљаб замин
ва риояи ќоидањои бењдоштї корњои фањмондадињї бурда истодаанд. Дар рўзи сеюм Рањимзода Рамазон Њамро аз фаъолияти серўзаи 10 гурўњи корї дар ноњия натиљагирї намуд. Иттилоъ дода шуд, ки гурўњњои корї дар њамаи дењањо бо сокинон вохўрї ва корњои фањмондадињї бурда истодаанд ва дар Љамоати шањраки “Ховалинг” давоми се рўз бо беш аз 800 оила оид ба истифодаи сарфакоронаи барќ, истифодаи заминњои наздињавлигї ва омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон суњбату корњои фањмондадињї гузарониданд. Сардори шабакањои барќи ноњия ба роњбари гурўњи корї иттилоъ дод, ки меъёри истифодаи барќ ба ноњияи Ховалинг дар як шабонарўз 274 њазор кВт соатро ташкил медод ва рўзи 19-уми декабр истифодаи неруи барќ ба 255 њазор кВт соат баробар шуда, 19 њазор кВт соат неруи барќ сарфа гардидааст. Роњбари гурўњи кории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ховалинг Рањимзода Рамазон Њамро ба масъулон ва гурўњои ташкилкардашуда дастур дод, ки дар ин самт корро боз њам љоннок намуда, дар рўзњои баъдї ба сарфакорона истифода бурдани неруи барќ, вусъати корњои ободонї, аз љумла сабзкориву нињолшинонї диќќати љиддї дињанд. Ширинљон САФАРЗОДА
КИШТИ КАРТОШКАИ ТИРАМОЊЇ То 16-уми декабр танњо дар бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонии вилояти Хатлон дар майдони 760 гектар картошкаи тирамоњї кишт карда шудааст, ки ин 17,6% наќшаи кишти картошкаи тирамоњиро ташкил медињад. Тибќи иттилои масъулони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба мушкилињои мављуда нигоњ накарда, айни замон кишоварзони шањри Бохтар наќшаи кишти картошкаи тирамоњиро 43% иљро намуда, ин нишондод дар ноњияњои Хуросон 32% ва дар ноњияи Њамадонї 31,8 дарсадро ташкил медињад. Ба гуфтаи Ќутбиддин Халилов, сардори шуъбаи рустанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, гарчанде, ки аз оѓози мавсими имсола рафти киштукори зироатњои тирамоњї дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон назаррас арзёбї мегардад, аммо бо вуљуди боду њавои номусоид деќонон наметавонанд кишти картошкаи тирамоњиро сари ваќт ба анљом расонанд. - Тибќи дурнамо дар мавсими имсолаи кишти тирамоњї ва бањори соли оянда дар бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонии вилоят масоњати майдонњои кишти картошка ба 7800 гектар расонида мешавад, ки нисбат ба дурнамои соли гузашта 1700 гектар зиёд мебошад. Аз
рўи маълумоти оморї дар мавсими тирамоњу бањори соли гузашта барзгарони бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонї аз 6100 гектар заминњои кишти картошка зиёда аз 56 њазору 227 тонна њосил ба даст оварда буданд. Тавре Ќ. Халилов иброз дошт, дар баробари дурнамои кишти картошка дар бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонї, инчунин, сокинони вилоят дар ќитъањои наздињавлигии худ низ ба кишту парвариши картошкањои гуногуннавъ машѓул буда, дар ѓанисозии бозорњои кишвар бо ин мањсулоти серѓизо ва таъмини амнияти озуќаворї дар кишвар сањми баѓоят бузург мебозанд. Љ. САЙФИДДИНОВ, «Хатлон»
Чорводорї
ЗАХИРАИ ХЎРОКИ ЧОРВО
Дар Љамоати дењоти ба номи Сайф Рањими ноњияи Балљувон муассисаи давлатии зотпарварии ба номи Сангак Сафаров фаъолият мекунад, ки дар он бењтарин зотњои чорвои калони шохдори ба шароити иќлими минтаќа мутобиќкунонидашуда парвариш меёбанд. Айни замон, дар ин муассиса зотњои ќазоќї, ќалмиќї ва абердин-ангуст нигоњубин карда мешаванд, ки њамаи онњо зоти гуштї мебошанд. Соли љорї барои аз фасли зимистон беталаф баровардани чорво хољагидорон аз њисоби алафњои табиї, коњу коњбеда ва юнучќа захираро нисбати солњои пешин зиёд кардаанд. Роњбари хољагї Сайдањмад Миралиев чунин мегўяд: “Њоло дар хољагї 634 сар чорвои зоти калони шохдор парвариш меёбад. Барои гузаронидани зимистони имсола 300 тонна юнучќа, 125 тонна коњу беда ва зиёда аз 10 тонна хўроки консентратї захира кардаем, ки ин миќдор бо назардошти афзоиши саршумори чорво захираи дусоларо ташкил
медињад”. Вазифаи асосии муассисаи мазкур зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ва таъмини дигар чорводорон бо њайвони калони шохдор, истењсоли гўшт ва таъмини бозору марказњои савдо бо мањсулоти хушсифат мебошад. Аз ин рў, бо дастгирии Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ба муассиса чорвои зотї аз хориљи мамлакат дастрас гардида, барои хушзоткунї истифода мегардад. Барои нигоњубини љорво дар ихтиёри муассисаи давлатии зотпарварии ба номи С. Сафаров 9011 гектар замини чарогоњ, 1437 гектар замини корами лалмї мебошад, ки дар 300 гектари он юнучќа, 750 гектар ѓалладонагињо ва дар замини боќимонда зироатњои техникї, аз ќабили наску нахуд ва заѓиру мањсар кишт мекунанд. Хољагидорон маќсад доранд дар соли оянда саршумори чорвои зотиро афзоиш дода, дигар хољагињои чорвопарварро бо чорвои хушзоти гўштї таъмин намоянд. Дар шањри Кўлоб бошад, кооперативи тиљоратии Мир Саид Алии Њамадонї фермаи зотпарварї дорад ва барои чорвои калони шохдор 670 тонна сенаж, 250 тонна хўроки ду-
рушт, 620 тонна хўроки ширадор ва беш аз 150 тонна хўроки консентратї захира кардааст. Дар ферма се зоти чорвои калони шохдор парвариш карда мешавад. Дар Љамоати дењоти “Дањана” фермаи ширию гўштии ба номи Асадулло Сирољов фаъолият мекунад, ки дар ин ферма бењтарин зотњои чорвои калони шохдори ба шароити иќлими минтаќа мутобиќ парвариш меёбанд. Сањмдорони хољагї бо истифода аз техника ва заминњои корами лалмию обї соли љорї хўрокаи дусолаи чорворо бо дарназардошти зиёд намудани саршумори чорво захира кардаанд. Ба иттилои сарбайтори ферма Саймурод Иброњимов то моњи ноябр аз њар сад сар чорво 91 сари гўсола гирифтанд ва то охири сол ин раќам зиёд хоњад шуд. Ба коргоњњои истењсолии шањри Кўлоб њамарўза то 200 литр шир дастрас карда мешавад. Тибќи иттилои Раёсати кишоварзии шањри Кўлоб имсол дар њамаи шаклњои хољагидорї кишоварзон беш аз 271 њазор сентнер хўроки чорво, аз љумла 85 њазору 560 сентнер хасбеда, 10 њазору 600 сентнер тарбеда, 16 441 сентнер хасу хошок ва 3885 сентнер дигар намуди хўрока захира кардаанд, ки аз наќшаи дурнамо зиёд мебошад. Ш. САФАРЗОДА
4
ХАТЛОН
ДАРХОСТ БАРОИ ПЕШНИЊОДИ ГРАНТЇ RFA-003-2020
ДУШАНБЕ, 28 декабри соли 2020, №53 (3289)
РАВОНШИНОСОНИ МАКТАБЊО ТАКМИЛИ ИХТИСОС МЕКУНАНД
Дастгирии соњибкории навоѓоз (стартап) ва навгонињо дар вилояти Хатлон
Лоињаи оид ба бењтар намудани раќобатпазирии агробизнес дар Тољикистон (Лоиња)-лоињаи панљсола буда, аз љониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалї (USAID) маблаѓгузорї мегардад. Фаъолияти Лоиња ба услуби иќтисоди бозорї бо сарварии бахши хусусї љињати рушди иќтисодї, баланд бардоштани сатњи шуѓл ва бењтар намудани сатњи зиндагии ањолї ба воситаи такмил додани раќобатпазирии соњаи агробизнеси Тољикистон дар бахши истењсоли мањсулоти ширї ва соњаи боѓдорї равона гардидааст. Лоиња дар 13 (сенздањ) ноњияњои њадафии Лоиња воќеъ дар љанубу ѓарби вилояти Хатлон (Кўшониён, Вахш, Левакант, Хуросон, Ёвон, А.Љомї, Љ.Балхї, Дўстї, Љайњун, Ќубодиён, Шањритус, Н.Хисрав ва Панљ) амалї мегардад. Маќсад ва фаъолиятњои њадафї. Њадафи Дархост барои пешнињоди грантии мазкур аз ќабул кардани дархостномањои грантї дар доираи равзанаи Хазинаи махсуси Лоиња аз тамоми довталабони мувофиќ, алалхусус аз занон ва љавонон (то синни 29 сола) мебошанд, барои дастгирии соњибкории навоѓоз (стартап) ва навгонињо дар соњаи коркарди меваю сабзавот ва мањсулоти ширї, њавасманд кардани рушд ва љорї намудани технологияњои хурд ё равандњои навгонї љињати истењсол ва фурўши мањсулоти баландарзиши соњаи боѓдорї ва ширї дар бозорњои нињої мебошад. Таваљљуњи равзанаи кунунии Хазинаи махсус ба мањсулот, фаъолият ва хидматњои зерин бо љалби назарраси занон ва љавонон дода мешавад, вале бо онњо мањдуд намешавад: • Соњибкории навоѓоз ва навоварињо дар корхонањои хурду миёна бо роњбарии занон ва љавонон дар соњаи истењсол ва коркарди меваю сабзавот ва мањсулоти ширї; • содироти меваю сабзавоти тару тозаи барваќтї; • васеъ намудани содироти мањсулоти коркардшудаи ба содирот нигаронидашуда бо назардошти имкониятњои нав; • такмил додани усулњои хушккунї ва дигар намуди коркарди мева; • такмил додани бастабандии мањсулоти ширї ва боѓдорї; • имкониятњои бењтар намудани консервабарории мева ва сабзавот барои бозори дохилї ва содиротї. Уњдадории баланд љињати гирифтани HACCP, ISO 9001, ISO 22000; • муносибати навоварона дар самти илова намудани арзиши иловагї ё диверсификатсияи мањсулот њам дар соњаи шир ва њам боѓдорї, ки боиси рушди мањсулоти нав мешаванд; • чорањо оид ба танзими логистикаи наќлиётї ва љамъоварї, аз љумла логистикаи занљираи сард; • усулњои такмил додани равандњои арзиши иловашудаи мањсулоти боѓдорї ё мањсулоти ширї; • тамѓагузории мукаммалшуда барои љавобгў будан ба талаботи байналмилалї; • равишњои нави маркетингї барои зиёд кардани фурўш ё мањсулоти боѓдорї ё мањсулоти ширї дар дохили кишвар ё берун аз он; Дар назар аст, ки њар як грант ба маблаѓи на зиёда аз 30,000 доллари ИМА мањдуд карда мешавад. Маблаѓи як грант дар њаљми зиёда аз 30,000 доллари ИМА дар њолатњои истисної вобаста ба эътибор ва натиљањои пешбинишудаи чорабинињои грантњо баррасї мегарданд. Маблаѓи нињоии грант аз фаъолиятњои грантии пешнињодшуда ва натиљањои гуфтушуниди нињої вобаста хоњад буд. Лоиња дар наќша дорад, ки то 5 (панљ) грант дар доираи ДПГ-и мазкур људо намояд, аммо вобаста ба сифати дархостномањои гирифташуда ва мављудияти маблаѓгузорї њуќуќ дорад, ки шумораи камтари грантњоро људо намояд ё умуман ягон грант људо нанамояд. Меъёрњои мувофиќат: Ин дархост барои њама ташкилотњои њуќуќии шахсї, ки роњбар ё соњибмулкашон занон ва љавонон мебошанд, кушода аст. Бо маќсади мувофиќат барои маблаѓгузорї, довталабон бояд ба талаботњои зерин мувофиќат кунанд: • Аз ќайди давлатї гузашта бошанд ё барои анљом до-
дани фаъолият дар Љумњурии Тољикистон ба тариќи дигар иљозат дошта бошанд; • Барои гузаронидани бањогузории пешакї розигии худро баён намояд. Маќсади чунин бањогузорї муайян кардани он, ки оё шахси њуќуќї дорои низоми идоракунии мустањкам дар шакли сиёсат ва тартиботи молиявї, маъмурї ва техникї мебошад; • Соњиби таљрибаи бомуваффаќияти ќаблї дар амалигардонии чорабинињо вобаста ба занљираи арзиши агробизнес, соњањои боѓдорї ва истењсоли мањсулоти ширї бошад; • Пешнињоди њуљљате, ки роњбар ё соњибмулки ташкилоти довталабро зан ва ё љавон аст, тасдиќ менамояд; • Омодагии ташкилоти дархостдињанда барои њиссагузорї, агар зарур бошад; • Пешнињоди раќами ягонаи системаи раќамгузории њамагонии маълумотњо (DUNS) пеш аз бастани созишномаи грантї. Агар довталаб аллакай раќами DUNS дошта бошад, бояд онро ба пешнињоди грантии худ дохил намояд. Дар акси њол, дар назар аст, ки довталабон ќабл аз бастани созишнома раќами DUNS-ро дарёфт кунанд. Раќами DUNS-ро дар сомонаи зерин дастрас кардан мумкин аст: https://www.dnb. com/duns-number/get-a-duns.html. Афзалият ба ташкилотњое дода мешавад, ки дар яке аз ноњияњои тањти нуфузи Лоиња намояндагї доранд. Љаласањои иттиллотї ба таври зерин гузаронида мешаванд: • 5 январи соли 2021 соати 10:00 дар бинои АИО Истиќлол, воќеъ дар суроѓаи Љамоати дењоти «Дўстї», дењаи Њилоли, ноњияи А. Љомї, вилояти Хатлон баргузор мегардад; • 5 январи соли 2021 соати 14:00 дар дафтари кории Лоиња, воќеъ дар суроѓаи кўчаи Вањдат 2, шањри Бохтар, вилояти Хатлон баргузор мегардад; • 6 январи соли 2021 соати 10:00 дар бинои Љамоати дењоти «Халевард», воќеъ дар суроѓаи Љамоати «Халевард», ноњияи Љ. Балхї, вилояти Хатлон баргузор мегардад; • 6 январи соли 2021 соати 14.00 дар бинои ТЉ “Шифо” дар суроѓаи кўчаи Носири Хусрав 34, ноњияи Шањритус, вилояти Хатлон баргузор мегардад. Њамаи хоњишмандон барои иштирок даъват карда мешаванд. Ин љаласаи иттилоотї ба довталабони соњибњуќуќ ва њавасманд барои гирифтани иттилооти иловагї дар бораи Лоиња, Дархост барои пешнињоди грантї ва раванди грантњо имконият медињад. Инчунин, иштирокчиён оид ба тарзи пур кардани шаклњои ќолабии пешнињоди грантї дастур ва роњнамої мегиранд. Ташкилотњои ба таври ќонунї баќайдгирифташуда метавонанд на беш аз ду намояндаи худро барои иштирок дар љаласаи иттилоотї таъйин намоянд. Гарчанде, иштирок дар љаласаи иттилоотї ба њама дархостдињандагони њавасманд тавсия дода мешавад, иштирок дар он шарти њатмии пешнињоди дархостнома нест. Аз ташкилотњои њавасманд хоњиш карда мешавад, ки пешнињодњои грантии худро на дертар аз 28 январи соли 2021, то соати 16:00 мутобиќи дастурамали пешнињоди дархост пешнињод намоянд. Барои дастрас намудани матни пурраи Дархост барои пешнињоди грантї, лутфан ба суроѓаи электронии ACAT. PIF@winrock.org ё яке аз дафтарњои кории зерини Лоиња мурољиат намоед: Дафтари корї дар ш. Душанбе, к. Айнї 48, бинои Маркази Бизнес “Созидание”, Блок Б, ошёнаи 4. Дафтари корї дар ш. Бохтар, к. Борбад 33 (рў ба рўи тарабхонаи «Оби тоза»), ш. Бохтар. Дархости мазкур ширкати Уинрокро вазифадор намекунад, ки ба њама довталабоне, ки дархости грантї пешнињод менамоянд, грант људо намояд. Харољоти довталабон вобаста ба омода намудани пешнињоди грантї аз љониби Лоиња љуброн карда намешавад. Ширкати Уинрок њуќуќ барои рад кардани њама гуна пешнињоди грантї ва ё бастани созишнома бидуни муњокима ва гуфтушунидњои минбаъда њаќ дорад.
САРДИИ ЗИМИСТОН СЎХТОРРО МЕАФЗОЯД Бо фарорасии фасли сармо тамоили њодисањои сўхтор дар шањру ноњияњои вилоят меафзояд. Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон 325 њодисаи нохуши сўхтор ба ќайд гирифта шудааст. Намояндагони шуъбаи назорати давлатии бехатарї аз сўхтори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон наќшаи чорабинии махсус оид ба пурзўр намудани корњои профилактикї-оташнишонї ва фањмондадињї-омўзишї дар фасли
сармо, дар манзилњои истиќоматии шањрвандон тартиб дода шуда, бањри пешгирии њодисањои нохуши сўхтор бо шањрвандон ва шахсони масъул оид ба риояи ќоидањои бехатарї аз сўхтор суњбатњо гузаронида истодааст. Шањрвандони муњтарам! Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон аз шумо эњтиромона хоњиш менамояд, ки ќоидањои бехатарї аз сўхторро ќатъиян риоя намуда, дар мавриди хомўш гардидани ќувваи барќ дар дохили
њуљрањои зисти худ ба истифодаи гази моеъ роњ надињед. Њамчунин, таъкид карда мешавад, ки дар ваќти истифодаи зарурии таљњизоти газї тамоми меъёру талаботи бехатарї аз сўхторро ќатъиян риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз њар гуна њодисањои нохуши сўхтор њифз намоед. Хотиррасон менамоем, ки њангоми ба амал омадани сўхтор ва ё мушоњида намудани нишонањои он њатман ба Хадамоти давлатии оташнишонї ба телефони 01,101 8-3222-2-24-43 занг занед Ш. ЊАЛИМОВ, нозири ШНДБС РХДО вилояти Хатлон, лейтенанти калони хизмати дохилї
НАШРИЯИ МАЌОМОТИ ИЉРОИЯИ ЊОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ОБУНА БАРОИ
СОЛИ 2021 ИДОМА ДОРАД
Рўзномаи «Хатлон» иљрои ќарору дастур ва нишондодњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилоятро ба табъ мерасонад, њамчунин, рўйдодњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии вилоятро ба таваљљуњи хонандагон омода месозад. Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён ќайд гардида гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта 100 сомонї мебошад.
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
МАБЛАЃИ ОБУНА ДАР ИДОРАИ РЎЗНОМА ТАРИЌИ НАЌДЇ ВА ЃАЙРИНАЌДЇ ЌАБУЛ КАРДА МЕШАВАД. Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: - шањри Бохтар, кўчаи Логинов 12 Филиали «Амонатбонк-42», шањри Бохтар С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон
Дар шањри Душанбе нахустин Маркази дастгирии методологї барои омўзгорон ва равоншиносони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ифтитоњ ёфт. «Норасоии равоншиносони соњибихтисос эњсос мегардад» Маркази мазкур дар назди Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар доираи созишномаи дуљонибаи њамкорї миёни Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва филиали ташкилоти ГОПА мбХ дар Љумњурии Тољикистон, ки Лоињаи пешгирии зўроварии хонаводагї (PDV)–ро бо мусоидати молиявии њукумати Швейтсария амалї мекунад, кушода шуд. Њадафи марказ расонидани кумаки методї ба равоншиносон ва омўзгорони мактабњо, фароњамории шароит барои сайќали мањорати онњо, таъмини дастрасї ба адабиёти илмї-методї, бозомўзии кормандони соња ва ѓайра мебошад. - Кумаки методиро дар ин љо метавонанд тамоми омўзгорони мамлакат дастрас намоянд, - ќайд кард ноиби президенти Академияи тањсилоти Љумњурии Тољикистон Ирина Каримова. – Мо ба мутахассисони баландихтисос – равоншиносони мактабї ниёз дорем. Ин масъалаи нињоят мубрам барои Тољикистон мебошад, њарчанд Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї чунин мутахассисонро омода мекунад. Ќобили зикр аст, ки танњо дар муассисањои таълимии шањри Душанбе воњиди кории равоншинос мављуд аст. Сарварони муассисањои таълимии дигар минтаќањо иќрор намуданд, ки равоншинос надоранд. Аммо ин ибтидои кор аст, ки мутмаинам, њатман идома пайдо мекунад. Ифтитоњи Марказ ва чорабинињои омўзишї, аз љумлаи ташаббусњои Вазорати маориф ва илми Тољикистон доир ба тањкими наќши мактаб дар тарѓиби баробарии гендерї ва мубориза бо зўроварї дар оила мебошад, ки дар њамкорї бо филиали ГОПА мбХ дар Љумњурии Тољикистон амалї гардида, ба талаботи Барномаи миллии пешгирии зўроварї дар оила барои солњои 2014-2023 љавобгў аст.
«Ноболиѓон наметавонанд душвортарбия бошанд» Ба иддаои коршиноси байналмилалии филиали ГОПА мбХ дар Тољикистон Виорелия Русу, Маркази болозикр метавонад њамкории пурсамареро бо донишљўёни ихтисосњои равоншиносии донишгоњњо роњандозї намояд. Дар марказ тамоми адабиёти муосири соњавї, пойгоњи электронии маълумоти муфид, тестњои равоншиносї оид ба ташхис, машѓулиятњои интерактивї ва маводи дигари таълимї дар ихтиёри онњо ќарор дорад. - Њамаи санадњои меъёрї, ки барои равоншиносони мактабї нигаронида шудаанд, бо дарназардошти таљрибаи байналмилалї тањия гардида, онро ба шароити мамлакати мо мувофиќ кунонидан имконпазир аст, ќайд намуд Латофат Назирї, муовини вазири маориф ва илм. - Моњи октябр нахустин тренинги омўзишї барои равоншиносони мактабї аз тамоми минтаќањои мамлакат дар мавзўи «Фаъолияти равоншиносони мактабї дар амри пешгирї аз зўроварии хонаводагї, муайянсозии кўдакони љабрдида ва расонидани кумаки равонї ба онњо» баргузор гардид. Њабиба Сулаймон Соњибзода, љонишини директор оид ба корњои тарбиявии литсейи ба номи Темур Собиров, дар бораи манфиати ин тренинги омўзишї чунин гуфт: - Дар љомеаи мо нафароне, ки ба кумаки равоншиноси касбї ниёз доранд, бисёранд. Махсусан, наврасонро мо наметавонем бигўем, ки душвортарбияанд, зеро ин њама аз таъсири љомеа ва руйдодњои муосири криминалї аст. Соли 2013 дар кишвари мо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила» ќабул гардидааст, аммо буњрони молиявї ва муњољирати мењнатї, ки боиси дар танњої ба тарбияи фарзандон машѓул гардидани модарон мегардад, баъзе одамонро ба афсурдагии равонї мерасонад. Як омили зўроварї дар оила ва дар миёни наврасон шояд њамин аст. - Љињати тарбияи насли љавон дар рўњияи тањаммулгарої ва эњтироми байнињамдигарї моро мебояд тамоми чорањоро андешем, - мегўяд Виорелия Русу. – Бо ин маќсад, равоншиносон ва омўзгорон бояд дар як тим њамкории мустањкам дошта бошанд. Бисёр тадбирњои тарбиявиро муштаракан анљом додан мумкин аст, аз љумла, машѓулиятњои беруназсинфї, маљлиси падару модарон, кор дар коллективи педагогї, ки он љо низ гоње нофањмињо рўй медињанд. Равоншинос вазифањои мухталифро иљро мекунад ва Маркази кумаки методологї ба омўзгорон ва равоншиносони мактабї аз рўйи њамаи ин самтњо хизматрасонї хоњад кард. Н. МАЪМУРЗОДА
РАВОНШИНОСОН АЗ ВИЛОЯТЊОИ СУЃД ВА ХАТЛОН ОИД БА РАСОНИДАНИ КУМАКИ РАВОНЇ БА ЉАБРДИДАГОН АЗ ЗЎРОВАРЇ ДАР ОИЛА ОМЎЗОНИДА ШУДАНД Аз 8 то 11 декабри соли љорї Филиали ГОПА мбХ дар Љумњурии Тољикистон, ки татбиќкунандаи лоињаи Пешгирии зўроварии хонаводагї (PDV), ки аз тарафи њукумати Швейтсария маблаѓгузорї карда мешавад, дар якљоягї бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар шањрњои Кўлоб ва Бохтари вилояти Хатлон барои равоншиносон ва омўзгорони муассисањои тањсилоти умумї ва миёнаи умумї дар маъвзўи «Фаъолияти равоншиносони дар муассисањои тањсилоти умумї ва миёнаи умумї дар пешгирии зўроварї дар оила, ошкор намудани кўдакони љабрдида ва расонидани кумак ба онњо» ду омўзиш ташкил намуд. Дар омўзиш 50 нафар омўзгорон ва равоншиносон аз шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб ва Бохтар иштирок намуданд. Маќсади омўзиши мазкур ин баланд бардоштани иќтидори иштирокчиён дар ошкорсозии кўдакони љабрдида аз зўроварї дар оила, расонидани кумаки равонї ва гузаронидани чорабинињои мактабї оид ба пешгирии зўроварї дар оила мебошад. Њамчунин, 10-11-уми ноябри соли љорї чунин омўзишњо дар шањри Хуљанд барои омўзгорон ва равоншиносони вилояти Суѓд гузаронида шуд. Дар рафти омўзиш иштирокчиён бо падидаи зўроварї дар оила ва оќибатњои он шинос шуданд, танзимоти њуќуќиву меъёрии фаъолияти муассисањои тањсилоти умумиро дар самти зўроварї дар оила омўхтанд, инчунин, марњилањои амалии асосиро оид ба ошкорсозии кўдакони љабрдида аз зўроварї дар оила ва расонидани кумакњои равонї ба онњо аз худ намуданд. Њамзамон, равоншиносон ва омўзгорони мактабњо таљрибаи пешќадами миллї ва байналмилалиро дар самти мазкур истифода бурданд. Омўзиш дар доираи шартномаи дуљонибаи байни Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Филиали ГОПА мбХ дар ЉТ ташкил карда шуд. Омўзиши мазкур, ин
чорабинї оид ба баланд бардоштани иќтидор ва наќши муассисањои тањсилоти умумї ва миёнаи умумиро дар пешгирии зўроварї дар оила нисбати кўдакон ва расонидани кумак ва њимояи сариваќтї ба онњоро дарбар мегирад. - Дар ин рўзњо омўзиш бисёр самаранок гузашт, - мегўяд равоншиноси мактаби миёнаи №3 аз шањри Кўлоб Дилафрўз Билолова. - Мо имконият доштем, ки дар рафти машѓулиятњои амалї усулњои кор бо кўдакони љабрдида аз зўроварї дар оиларо аз худ кунем. Бо кумаки ин машѓулият донишњои ташкилотчигї ва гузаронидани чорабинињо азбар карда шуд. Масалан, маљлисњои падару модарон, семинарњо, машѓулиятњои беруназсинфї-њамаи ин бо маќсади пешгирии зўроварї дар оила гузаронда мешавад. Фикри худро, инчунин, равоншинос ва тренери Маркази дастгирии методї Насим Раљабов чунин баён намуд: - Агар мониторинги фаъолияти иштирокчиёни омўзиш гузаронда мешуд, омўзишњо бештар самарабахш ва натиљаи хуб медод, яъне, онњо дониши андўхтаро то чї андоза ва чї гуна истифода мебаранд, муаяйн мегашт. Ќаблан, бо дастгирии техникї ва молиявии Филиали ГОПА мбХ Вазорати маориф ва илми ЉТ дар шањри Душанбе Маркази дастгирии методї барои равоншиносон ва
омўзгорони муассисањои тањсилоти умумї ва миёнаи умумї кушода шудааст. Ин муассиса дар назди Институти љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи маориф ташкил карда шудааст. Дар ин љо равоншиносон ва омўзгорони мактабњо имконият доранд, ки дониш ва малакаи худро дар пешгирии њама гуна зўроварї нисбати кўдакон ва тарбияи онњо дар њамкорї бо субъектњои пешгирикунандаи зўроварї дар оила баланд бардоранд. Ин марказ расонидани ёрии мустаќими равонї ба ањолиро пешбинї намекунад, балки ба љои он њамчун маркази захиравї ва методї барои равоншиносони муассисањои тањсилоти умумї ва миёнаи умумї ташкил карда шудааст, ки онњо метавонанд тамоми маълумоти заруриро барои иљрои кори худ дар ин Марказ дастрас намоянд. Ѓайр аз он, кормандони Маркази дастгирии методии равоншиносон ва омўзгорони муассисањои тањсилоти умумї ва миёнаи умумї ва кормандони Филиали ГОПА мбХ дар якљоягї якчанд нашрияњо - "Низомнома дар бораи Маркази дастгирии методии психологњои мактабї ва омўзгорон", "Дастурамали вазифавии психолог", инчунин, модули таълимии "Тарбияи усули муоширати бенизоъ ва пешгирї аз хушунат дар хонавода» омода карданд.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Шањодатномаи гумшудаи силсилаи Б №629339, дар бораи хатми синфи 8, ки онро МТМУ №6-и шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) ба Асомудинова Бадеулжамол Насрулоевна (Ќандилова Бадеулжамол Насруллоевна) додааст, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи њуќуќи истифодаи замини наздињавлигї тањти силсилаи А №0409582, ки онро 13 ноябри соли 2013 КДФ “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул” дар ноњияи Кўшониён бо суроѓаи ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки ба номи Исмоили Сомонї, кўчаи Айнї, хонаи №39 ба Рањимов Холмањмад дода, тањти №16109 ба ќайд гирифтааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АТ №863482, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1981 МТМУ №18-и ноњияи Кўшониён ба Корчаев Ходжањмад Гулмањмадович додааст, эътибор надорад
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Љамолиддин САЙФИДДИНОВ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 28.12.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10200 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896