ХАТЛОН
Фарогирии беш аз 173 ҳазор наврас ба лагер
Рӯзномаи «Хатлон» Рӯзномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
«Дӯстлик» Сешанбе, 3 августирамзи солидӯстӣ 2021, №46 (3335)
2
3
Ҳадаф - ҳифзи «Хатлон» солимии Рузномаи ҷомеа
Соли 90-уми нашр
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Сохтмони мактаби русӣ дар чӣ ҳол аст?
дигар биноҳои ҳудуди беморхона корҳои рангуборкунӣ оғоз карда шудааст. Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таълими дидан намуд. Сохтмони муассисаи хусусӣ бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои 240 хонанда дар як баст ва кӯдакистони хусусӣ барои 100 ҷойи хоб дар ҳоли анҷомёбист. Бинои муассисаи таълимии хусусӣ аз 6 ошёна иборат буда, дорои 33 утоқи корӣ мебошад, ки аз он 27 синфхона ва 6 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон муҳайё карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ идома дошта, насб кардани тирезаҳо оғоз гардидааст. Ҳамчунин як муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 320 хонанда пешбинӣ гардидааст. Бинои муассиса аз 3 ошёна ва 32 синфхона иборат мебошад. Корҳои рангуборкунии муассиса ба анҷом расида, корҳои пардозкунии дарун ва саҳни бино оғоз гардидааст. Раиси вилоят дар идомаи сафари кории худ аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсолӣ дидан намуд. Масоҳати умумии қитъаи замини сохтмон 6150 ме-
три мураббаъро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки баъди ба истифода додани корхона 20 нафар сокинони шаҳри Бохтар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин, бинои сардхона ва корхонаи хурди истеҳсолӣ низ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад. 30 июл раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти оғози боз як сохтмони муассисаи таълимӣ дидан намуд. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар бо омӯзиши забонҳои русӣ барои 1224 хонанда дар як баст дар масоҳати 3 гектар замин сохта шуда истодааст. Маблағгузории сохтмони бинои муассиса аз ҷониби Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад. Дар ин мактаб таълим бо забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Айни замон корҳои омодакунии чоҳбуни бино оғоз гардида, тибқи нақша, соли 2022 ба истифода дода мешавад. Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»
Тамриноти муштараки низомии қувваҳои мусаллаҳи се давлат Рӯзи 1 август дар доираи ҳамкории ҳарбӣ ва тибқи созишномаҳои қаблан батасвибрасида миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат машқҳои муштараки васеи низомӣ оғоз шуданд. Дар машқҳои муштараки васеи низомӣ зиёда аз ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат иштирок намуда, дар он 25 адад чархболи ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои бомбаандозу қиркунанда, қариб 300 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ва дигар воситаҳои артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва лавозимоти махсуси низомӣ истифода мешаванд. Ҳадаф аз баргузор намудани машқҳои муштараки васеи низомӣ амалан санҷидани иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳо ҳангоми номуътадил гардидани вазъият дар сарҳади давлатӣ, сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ташкили амалиёти муваффақонаи низомӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳама гуна таҳдиди хатар, вусъат додани қувва ва воситаҳои моддӣ-техникӣ мебошад. Машқҳои муштараки васеи низомӣ 10 август хотима меёбанд.
аз се ошёна иборат буда, дорои 9 утоқи корӣ ва як толори маҷлис барои кормандони мақомоти прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Корҳои сохтмониро ҶДММ “Азия”-и шаҳри Бохтар ба уҳда дорад. Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сифати хуб сохта шуда, яке аз иншооти ҷашние мебошад, ки бо шакли меъмории муосир бунёд гардида, вале то ҳол қисмате аз ашёву лавозимоти зарурӣ насб карда нашудааст. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар рӯзҳои наздик камбудию норасоиҳоро бартараф намоянд. Сиёсати ободгарона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастгирӣ намуда, имрӯзҳо дар маркази ноҳия ва
атрофи он бахшида ба ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо бунёди як қатор иншоотҳои бузурги маишию хизматрасонӣ дар ободӣ ва пешрафти ноҳия саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода пайи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба бунёдкорӣ аз
Муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки вобаста ба маблағгузории марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 50 миллион доллари ИМА ҷудо гардид. «Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» асосан дар НБО-и «Норак», дар ҳудуди шаҳри Норак амалӣ шуда истодааст», - афзуд М. Асозода.
Иштироки 7 ноҳияи Хатлон дар даври ҷумҳуриявии “Андалеб-2021” Имрӯз, 3 август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияҳои Ҷайҳун ва Рӯдакӣ оғоз мегардад. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат моҳи марти имсол ифтитоҳ ёфта, дар ду давр ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардид. Дар даври ниҳоии фестивал беҳтарин барномаҳои ҳунарӣ манзури мухлисон ва доварон гардонида мешаванд. Тибқи нақшаи баргузорӣ, 4 август барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт ва Муъминобод, 5 август - ноҳияҳои Хуросон ва Варзоб, 6 август - ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ваҳдат, 7 август - ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Файзобод, 8 август - ноҳияҳои Ёвон ва Ҷаббор Расулов, 13 август - ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ҳисор доир мешаванд. Фестивал-озмун 15 август ҷамъбаст ва ғолибонаш эълон мегарданд.
Шумораи бонувони роҳбар афзудааст Шумораи бонувон дар мақомҳои роҳбарикунандаи ноҳияи Вахш ба 117 нафар расидааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз хоҷагиҳои тухмипарварии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ва Сафар Ҷумъаев дидан намуд.
вар дастури мушаххас дод. Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин бо раванди корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, дидан намуд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои прокуратураи ноҳия бо маром ҷараён дорад. Бино
1
Баъди пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8-10 фоиз афзоиш ёфта, аз 3000 МВт то 3300 МВт расонида мешавад. Ҳамчунин истеҳсоли неруи барқ низ афзоиш ёфта, муҳлати истифодаи таҷҳизот зиёд мегардад.
Боздиди раиси вилоят аз ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Тавре ки ба раиси вилоят иттилоъ доданд, хоҷагидорону кишоварзон дар майдони зиёда аз 350 гектар замини хоҷагиҳои номбурда навъҳои тухмии “Флеш” ва “Элита”-ро кишт намудаанд, ки ба обу хоки ин минтақа мутобиқ буда, айни замон нашъунамои хуб дорад. Аллакай дар қисмате аз гӯшаҳои замин шукуфтани пахта низ ба мушоҳида мерасад. Зимни боздид аз қитъаҳои пахта раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба хоҷагидорону кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосил маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати гузаронидани корҳои агротехникӣ, пошидани дору ва заҳрхимикатҳои мавсимӣ барои эмин нигоҳ доштани ҳосили пахта аз ҳар гуна ҳашарот ва касалиҳои зараро-
khatlon.tj@mail.ru
Иқтидори истеҳсолии НБО “Норак” афзоиш меёбад
30 июли соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳое, ки қарор аст дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода супурда шаванд, шинос гардид.
саҳни марказ идома дорад. Дар идомаи сафари корӣ Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар маркази перинаталӣ дар ҳудуди Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дидан кард. Лоиҳаи маркази перинаталӣ аз ҷониби ҶДММ “Неъмат-2010” тарҳрезӣ гардида, пудратчии сохтмон ҶДММ “Давлат” мебошад. Айни замон рангубори даруни бино оғоз гардида, қисме аз таҷҳизот ворид шудаанд. Дар
@ruznomai_khatlon
№46 (3335), 03.08.2021
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Нахуст, раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои марказии ташхисию табобатии “Тибби Хатлон” боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҳуҷраҳои ташхиси беморон ва тибқи лоиҳа, қаҳвахона ва китобхона пешбинӣ карда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва чорум ҳуҷраҳои муолиҷаи беморон ҷойгир карда мешавад. Айни замон корҳои пардозгарии дохили бино ва кабудизоркунии
@ruznomai_khatlon
4
ХАТЛОН Саҳ.
Тоҷикистон, ба пеш!
Соли 90-уми нашр
ҷараёни корҳои сохтмонии шаҳраки хурд дар Ҷамоати шаҳраки Балхӣ дидан кард. Дар ин шаҳраки навбунёд дар майдони 25 гектар замин иншооти гуногун, аз ҷумла мактаб-литсей барои 720 нафар хонанда, майдони варзишӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст, 2 адад хобгоҳи 4-ошёна, 6 бинои истиқоматии 5-ошёна, меҳмонхона, кӯдакистон барои 330 кӯдак ва дигар иншооти ёрирасон аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ” бунёд шуда истодааст. Гуфтан бамаврид аст, ки биноҳои навбунёд бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, дар оянда барои ин давлату миллат хизмат мекунанд. Раиси вилоят ва ҳайати меҳмонон бо тамоми корҳои сохтмоние, ки дар биноҳои навбунёди истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон ва майдони варзишӣ ҷараён доранд, аз наздик шинос шуда, бо соҳибкорону сохтмончиён суҳбати озод орост. Дар назди ҳар як бинои сохташаванда гулгашту фаввораҳо бунёд гардида, гулу дарахтони нодир шинонида мешавад. Инчунин дар мавзеи гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ, мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ корҳо идома дошта, муҷассамаи шоир аллакай омода мебошад. Ба хотири гиромидошти шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки хурди навбунёд хона-музейи ӯ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд. Тибқи иттилои масъулин, дар қисмати зиёди иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Дар ин макони сохтмонӣ садҳо нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардида, бо ҷойи хоб, маош ва се вақт ғизои гарм таъмин мебошанд. Масъулин талош доранд, ки ин шаҳраки хурди навбунёдро то ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода диҳанд. Баҳром Миров, Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”
Дар ин бора раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфов зимни нишасти матбуотиаш хабар дод. Мавсуф иттилоъ дод, ки феълан 1174 зан дар муассисаҳои соҳаи маориф, 1081 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 44 нафар дар соҳаи фарҳанг, 20 нафар дар муассисаҳои бонкӣ, 12200 нафар дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, 1399 зан роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро ба дӯш дошта, 174 нафари дигар дар риштаи соҳибкорӣ фаъолияти босамар доранд. Гуфта шуд, ки шумораи умумии занон дар ноҳияи Вахш 101 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад.
Фаъолияти парандапарварии занони деҳот дастгирӣ меёбад Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» 125 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон бо фарогирии 625 зан дар самти парандапарварӣ бо инкубатори чӯҷабарории хонагӣ дастгирӣ карда шуд. Ба иттилои директори «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода, ин иқдом ба зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, таъминоти бозори маҳаллӣ бо гӯшти парҳезӣ, тухм, инчунин зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занони деҳот мусоидат менамояд. Дар ин давра бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида ба миқдори 22 ҳазору 267 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 10 ҳазору 881 сар чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон ба 497 нафар занони ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа 2412 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 890 сар чӯҷаи мурғи марҷон ройгон дастрас гардид.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Чоршанбе, 04.08.2021
Шабона +20+22 с Рӯзона +38 +400 с 0
Панҷшанбе, 05.08.2021
Шабона +21+23 с Рӯзона +37 +490 с 0
Ҷумъа, 06.08.2021
Шабона +21 +230 с Рӯзона +38 +400 с
Манбаъ: www.meteo.tj
2
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Сешанбе, 3 августи соли 2021, №46 (3335)
Сафари кории Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Шаҳритус Рӯзи шанбе, 31 июл, дар ноҳияи Шаҳритус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншооти таъиноти гуногун шинос шуд.
«Дӯстлик» – рамзи дӯстӣ Дар толори конфронсии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба муносибати 30-юмин солгарди нашрияи вилоятии «Дӯстлик» ҳамоиш доир гардид. Дар ин ҷамъомад муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, собиқадорони матбуот, аҳли қалам ширкат варзиданд. Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба ифтихори 30-солагии рӯзномаи «Дӯстлик» ироа намуд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус бунёду азнавсозии 365 иншоот, аз ҷумла сутунпояи парчаму нишони давлатӣ, таҷдиди боғи марказии Тӯс, роҳу пул, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, биноҳои маъмурию маишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, меҳмонхона, ҳаммому сартарошхонаҳо, майдону толорҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар ноҳия 361 биною иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 98,9%-и нақшаро ташкил медиҳад.
То ҷашни Истиқлоли давлатӣ боз се таълимгоҳ дар деҳаҳои Айвоҷ, Қумшоҳ ва Қарабоев, як маҷмааи хизматрасонии иборат аз меҳмонхонаю тарабхона ва ғайра ба истифодаи умум супурда мешаванд. Зимни ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ, ки дар Шаҳритус доир шуд, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди умури сохтмонӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати тарҳҳо, ободонию хуррамгардонӣ, тадбирандешӣ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ дастур дод.
Аёдати собиқадори 80-сола
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Шаҳритус ба аёдати собиқадори меҳнат Карим Одилов омад.
Карим Одилови 80-сола, ки ихтисосаш муҳандис-гидромелеоратор аст, солҳои зиёд ба ҳайси сармуҳандиси хоҷагии Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён, сардори раёсати техникаи
кишоварзии ноҳияи Шаҳритус ва вилояти собиқ Қӯрғонтеппа, директори генералии совхозҳои вилояти Қӯрғонтеппа фаъолият кардааст. Ин меҳтари меҳнат ҳамзамон солҳои 1983-1992 раиси комиҷроияи ноҳияи Шаҳритус буд. Заҳматҳояш бо орденҳои "Байрақи сурхи меҳнат", "Шарафи меҳнат" ва "Дӯстии халқҳо" қадрдонӣ карда шудааст. Карим Одилов падари ду писар ва чор духтар, соҳиби 16 набера ва 8 абера буда, ҳоло дар ҳалқаи онҳо давлати пирӣ меронад. Ҳамаи духтаронаш дорои маълумоти олӣ ва корманди ниҳодҳои гуногуни давлатианд. Мавсуф бо фараҳмандӣ аз раиси вилоят барои аёдат ва ҳолпурсиаш изҳори сипоси фаровон намуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба собиқадори меҳнат туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супорида, ва барояш саломатии бардавому рӯзгори ободу осуда таманно намуд.
М. Ҷӯрақулов: “Аз Пешвои миллат ва раиси вилоят миннатдорам” - Дуогӯям, ки ҳамеша Тоҷикистонамон ободу пешрафта, мардумаш осудаву хушрӯзгор бошанд, - даст ба дуо бардошт пири хирад, собиқадори меҳнат Мусулмонқул Ҷӯрақулов зимни суҳбат бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода. Имрӯз раиси вилоят, тибқи анъана, ба аёдати ин сокини 88-солаи ноҳияи Шаҳритус рафта, суҳбати самимӣ анҷом дод. Мусулмонқул Ҷӯрақулов дорои ду маълумоти олӣ (агроном ва журналист) буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1953 аз идораи рӯзномаи ноҳиявии "Шарқ ёруғи" оғоз кардааст. Солҳои 1962-1964 сармуҳаррири ин рӯзнома буд. Баъдан, 20 сол (то соли 1984) котиби комитети ҳизби коммунистӣ, раиси комитети назорати халқии ноҳияи Шаҳритус (1984-1991) буд. Солҳои 1991-2004 директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72, солҳои 2004-2008 ба ҳайси директори китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус фаъолият кардааст. Раии вилоят Қурбон Ҳакимзода аз заҳматҳои бисёрсолаи Мусулмонқул Ҷӯрақулов, ки бо ордени "Байрақи сурхи меҳнат", нишони фахрии "Байрақи сурх", медали "Шуҷоат", ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва комитети назорати халқии ИҶШС сарфароз гардонида шудааст, ёдовар гардида, барои фаъолияти пурмаҳсул, тарбияи фарзандон ва шогирдони сазовор миннатдорӣ баён намуд.
Қайд гардид, ки рӯзномаи вилоятии «Дӯстлик» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, ҳамсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нашрия дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, инъикоси ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва бозтоби муҳимтарин хабару рӯйдодҳои вилоят нақши ниҳоят бузург мебозад. Рӯзномаи «Дӯстлик» соли 1991 бо номи «Элчи» (яъне, «Сафир») дар шаҳри бостонии Кӯлоб таъсис ёфта, баъди дар заминаи собиқ вилоятҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб таъсис ёфтани вилояти Хатлон нашрияи мазкур номи «Дӯстлик»-ро гирифт ва фаъолияти он дар маркази вилояти Хатлон - имрӯза шаҳри Бохтар идома ёфт. - «Дӯстлик» ном додани ин рӯзнома аз равобити дӯстонаи фарзандони тоҷику ӯзбек сарчашма мегирад, ки садсолаҳо паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, барои гулгулшукуфоии ин сарзамини бостонӣ - Тоҷикистони азиз ва рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он саъю талош меварзанд, - идома дод Фирӯза Шарифӣ. - Имрӯз бо итминони комил метавон аз фаъолияти назарраси рӯзноманигорони нашрияи «Дӯстлик» ёдовар гардид, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар радифи дигар васоити ахбори омма воқеияти зиндагии имрӯза, рушду тараққии иҷтимоию иқтисодии вилоят, дастоварду муваффақиятҳо, мушкилоти мавҷуда, роҳҳои ҳаллу бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, умуман таҳаввулоту дигаргуниҳоеро, ки дар ҳаёти рӯзмарраи вилоят ба амал меоянд, инъикос менамоянд. Аҳолиро ба корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ ҳидоят ва сафарбар намуда, баҳри иҷрои вазифаҳо, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, дастгирии сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Муовини раиси вилоят аз фаъолияти даҳҳо эҷодкорони асили ин нашрияи зодаи даврони Истиқлоли кишварамон ёдовар гардид, ки исму насабашон дар саҳифаҳои таърихи он ҳаккокӣ шудааст. Аз ҷумла, хизматҳои шоёни рӯзноманигорони ҳирфаӣ Ҳайдар Ҷӯраев, Шоимназар Омонов, Яхшибой Пирматов, Солиҷон Комилов, Тошмат Темиров шоёни таҳсин
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
Рӯзгоре барои ибрат
Умре дар хизмати Ватан Мусулмонқул Ҷӯрақулов, сокини шаҳраки Шаҳритус, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фахрии ҷамъияти «Дониш»-и собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, нафақагир барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Гарчанде синнаш ба 88 расида бошад ҳам, бо рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритус» пайваста ҳамкорӣ мекунад.
Беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо чӣ арз ба қабули раиси вилоят омаданд?
Пас аз аёдати пирони кор, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шаҳрвандонро доир намуд. Беш аз даҳ сокини ноҳия бо арзу матлаби худ ба раиси вилоят муроҷиат намуданд. Аз ҷумла роҳбари Ассосиатсияи истифодабарандагони оби "Дӯстӣ" Мелиқузӣ Саидов ва сокини деҳаи Ё. Кари-
арзёбӣ гардид, ки дар солҳои гуногун вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Дӯстлик»-ро бар зимма доштаанд. Фаъолияти се даҳсолаи ин нашрияи серхонанда дар ҷодаи маърифатнокии аҳолӣ ва воқифгардонии мардум аз муҳимтарин хабару рӯйдодҳои вилоят гувоҳӣ аз он медиҳад, ки аҳли эҷод ва собиқ қаламкашони ин нашрияи соҳибнуфузи вилояти Хатлон рисолати муқаддаси ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Дар идома як қатор эҷодкорону собиқадорон, аз ҷумла Тошмат Темиров, Неъмат Муҳаммад Саид, Ҷиянқул Мамедов, Амиршоҳи Хатлонӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ва “Новый Хатлон” Зулайхо Ғойибова ба сухан баромада, қайд намуданд, ки нашрияи “Дӯстлик” аз замони таъсисёбиаш ҳамчун минбари ифодагари дӯстии миёни халқҳои сокини кишварамон ва тарғибгари манфиатҳои давлату давлатдорӣ рисолати касбии худро то имрӯз сарбаландона иҷро намуда истодааст. Изҳори итминони комил шуд, ки насли имрӯзи пешаи пуршарафи рӯзноманигорӣ бо ҳисси баланди меҳандӯстиву ифтихор аз арзишҳои муқаддас рисолати худро сарбаландона идома медиҳанд. - Рӯзномаи «Дӯстлик» дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва тақвияти робитаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мардум, бахусус, сокинони ӯзбекзабони вилояти Хатлон нақши ниҳоят муассир дорад, - зикр кард сармуҳаррири нашрияи “Хатлон” Н. Маъмурзода ва аз номи ҳайати эҷодии рӯзнома ҳампешаҳо ва тамоми хонандагони «Дӯстлик»-ро ба муносибати 30-солагии ин нашрия табрику таҳният гуфта, ба қаламкашони он комёбиҳои бузурги эҷодӣ, зиндагии осуда ва бахту иқболи баланд орзу намуд. Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба як қатор ходимони нашрияи “Дӯстлик” Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
мов Раҳматулло Мирзоев доир ба зарурати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои деҳаҳои ноҳия, сокинони деҳаҳои Қаҳрамон ва Қумшоҳ Ориф Давлатбеков ва Каром Маҷидов оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сокинони деҳаи Бинокор Абдулҳаким Зайниддинов ва деҳаи Лочин Нуров Сангимурод Асроров доир ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалагузорӣ намуданд. Шаҳрвандон Умар Зоғаков, Қимат Солиева, Гулнора Эшмирзоева, Шавкат Қунаев, Муҳаммадӣ Тӯйчиев ва дигарон низ вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба кумакҳои иҷтимоӣ, иҷозаи сохтмони ошхона дар ҳудуди боғи марказии ноҳия, мустаҳкам намудани 15 км соҳили дарёи Кофарниҳон мусоидату ёрии роҳбари вилоятро дархост карданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур ба масъулони ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ супориш дод. Пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси вилоят ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффорро доир ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия шунид. Ҷиҳати фавран ислоҳ намудани камбудиҳо дар самти ҷамъоварии андозҳо, ҳосилғундорӣ аз майдонҳои кишт ва кишти такрорӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба зимистонгузаронӣ, ташкили ҷойҳои корӣ дастур дода шуд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”
Мақолаю гузориш, лавҳаю хабарҳои дар нашрияи ноҳиявӣ бачопрасонидаи ин пири хирадманд ҷолибу хонданбоб буда, аз кору фаъолияти шахсони арзандаю обрӯманди ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав ва Қубодиён ҳикоят мекунанд. М.Ҷӯрақулов ҳанӯз дар синни 6-солагӣ, вақте ки дар мактаби ҳафтсолаи №7, воқеъ дар деҳаи бостонии Сайёди собиқ колхози «Коммунаи Ленин», ба таҳсил шурӯъ менамояд, дар дил орзуи рӯзноманигор шуданро мепарварад. Ӯ ҳанӯз аз овони мактабхониаш дар рӯзномаи ноҳиявӣ, ки он солҳо бо номи «Шарқ Ёруғи» нашр мешуд, пай дар пай хабару мақолаҳояшро ба чоп мерасонд. Баъди хатми синфи 7-ум ӯро барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернати ба номи Н.Крупскаяи ноҳияи Ҳисор мефиристанд. Соли 1953 пас аз хатми бомуваффақияти синфи 10-ум ба ноҳияи Шаҳритус баргашта, тӯли се сол дар вазифаи ходими адабии рӯзномаи «Шарқ Ёруғи» ва солҳои 1956-1958 дар
мактаби 7-солаи ба номи М. Горкийи колхози Ленингради ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси омӯзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик фаъолият намудааст. М.Ҷӯрақулов дар давоми солҳои 1958-1962 дар рӯзномаи ноҳиявии «Шарқ Ёруғи», «Коммунизм учун» вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъбаи мактубҳо, мудири шуъбаи кишоварзӣ, котиби масъул, мудири шуъбаи ҳизбӣ ва вазифаи ҷонишини муҳаррири рӯзномаро ба уҳда дошт. Солҳои 19621964 дар рӯзномаи мазкур, ки баъдтар ба «Октябр» ивази ном намуд, сармуҳаррир таъйин гардид. Қобилияти ташкилотчигиву ҷаҳонбинии васеъ ва садоқати бепоёни М.Ҷӯрақуловро ба ҳизбу давлат ба назар гирифта, соли 1964 ба вазифаи котиби комитети ҳизбии ноҳияи Шаҳритус (он солҳо ноҳияҳои Носири Хусраву Қубодиён ҳам дар ноҳияи Шаҳритус муттаҳид буданд) интихоб менамоянд. Ӯ тӯли 20 сол дар ин вазифаи масъул бенуқсон ва садоқатмандонаю софдилона кору фаъолият намуда, ба эҳтироми ҳамагон сазовор гардид. Мусулмонқул Ҷӯрақулов баъдан, 7 сол ба ҳайси раиси кумитаи назорати халқии ноҳияи Шаҳритус, 4 сол директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72-и ноҳия, аз соли 1995 то соли 2004 дар вазифаи директори китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус кору фаъолият намуда, бо қобилияти хоси роҳбариаш дар рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия ҳиссаи босазо гузоштааст. Ӯ дар ҳар вазифаю мансабе, ки фаъолият намудааст, кору пайкори хешро бо дили софу нияти нек, виҷдони пок, меҳри беандоза нисбати халқу меҳан оғозу анҷом бахшидааст. Хизматҳои шоёни ин фарзанди барӯманди халқу Ватан бо ордену медалҳо, Ифтихорномаю Сипосномаҳои зиёд қадршиносӣ карда шудааст. Устод Мусулмонқул Ҷӯрақулов ба пиронсолагиаш нигоҳ накарда, имрӯзҳо баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни аҳолии ноҳия бо сухан ва ҳам бо қалам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебарад. Ба устоди сухан Мусулмонқул Ҷӯрақулов тансиҳатию хонаободӣ ва ҳама хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем. Монда набошед, устод! Ҳ. Нуриддинзода
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Сешанбе, 3 августи соли 2021, №46 (3335)
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Таътили тобистона
Аз нишастҳои матбуотӣ
Фарогирии беш аз 173 ҳазор наврас ба лагер
Кадом корхонаҳо аз барқ қарздоранд? Ҳаҷми қарздорӣ аз ҳаққи истифодабарии неруи барқ дар ноҳияи Ёвон ба 54,2 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Қарздорӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои ҶСК “Тоҷикхимпром” 32,5 миллион сомонӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ 17,6 миллион сомонӣ, “Хима-Текстил” 1 миллиону 73 ҳазор сомонӣ, аҳолӣ 3,3 миллион сомонӣ, корхонаи обу канализатсия 427,5 ҳазор сомонӣ, корхонаи истеҳсолию сохтмонии оби нӯшокии деҳот 134 ҳазор сомонӣ ба миён омадааст, ин рақам зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ёвон баён гардид. Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон, чунин гуфт: “Аз 44 корхонаи саноатии мавҷуда, давоми шаш моҳ 27-тои он фаъолият доштанд. Дар ин давра ба истиснои корхонаҳои мавсимӣ фаъолияткунанда, ба сабабҳои гуногун 8 корхонаву
коргоҳ фаъолияти истеҳсолӣ накардаанд”. Дар мавриди роҳсозӣ ва таъмини он, ба гуфтаи ӯ, роҳҳои автомобилгарди ноҳия асосон солҳои 70-80-уми асри гузашта сохта шудаанд, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст ва ба
3
таъмир ниёз доранд. Ҳамчунин, 79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба таъмири куллӣ ниёз доранд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра дар ноҳия 31685 тонна ғалла, 10955 тонна картошка, 26525 тонна сабзавот, 4995,8 тонна полезӣ, 22871 тонна хӯроки чорво, 3449,1 тонна мева истеҳсол гардидааст. Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ 4420 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот гардидааст, ки ин 98,2 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Ф. ДАВЛАТ, “Хатлон”
-Нисбати андозсупорандагони қарздор огоҳинома, қарорҳо ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки ин дар камшавии бақияи қарзи андозҳо мусоидат кард, - гуфт раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар нишасти хабарӣ.
Тибқи таҳлили коршиносон ва масъулони соҳа ба оворагардӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст задани наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона нисбати давраи таҳсил бештар ба қайд гирифта мешавад. Зеро дар ин давра аксаран наврасону ҷавонон аз таҳсил озод буда, вақти холигии зиёд доранд. Ин боис мешавад, ки баъзеи онҳо аз назорат дур монда, ба амалҳои номатлуб дода шаванд. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таътил барои наврасону ҷавонон лагерҳои тобистонаро дар назди муассисаҳои таълимӣ ва осоишгоҳҳо бо масъулгардонии сохторҳои марбута ташкил мекунад. Ба ҳолати имрӯз яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон фарогирӣ ва ташкили босифати лагерҳои мактаббачагон маҳсуб меёбад. Коршинос Сабрина Ғаффорова бар он назар аст, ки баъзан лагерҳои наздимактабӣ танҳо барои саргарм кардани хонандагон ба шуғле гузаронида шуд. Яъне сифати гузариши машғулиятҳо, истироҳат, хӯрокхурӣ ва дигар омӯзишу бозиҳо дар сатҳи даркорӣ нест. Дар қисмате аз муассисаҳои таълимӣ лагерҳои мактаббачагон то ҳадде сарсарӣ ташкил ва баргузор мегардад, ки пурра ба талабот ҷавобгӯ нест. Аммо аз ҳеҷ дида, беҳтар аст. Сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Давлат Сафар ин гуфтаро пурра инкор карда, гуфт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ташкил ва гузаронидани лагерҳои мактабӣ беҳтар аст. Зеро дар ташкили лагерҳои мазкур на танҳо мактаб, балки худи волидон ҳавасманд мебошанд ва бевосита дар ҳамкорӣ ҳастанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани лагерҳо қарори раиси ви-
намуда истодаанд, ки фарогирии хонандагон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ аз нақша зиёд мешавад, - афзуд Ш. Маҳмасаидзода. Аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус иттилоъ дода шуд, ки дар назди 8 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 500 нафар аз ҳисоби падару модарон ва буҷаи маҳал, назди 1 муассисаи интернатӣ бо ҷалби 40 нафар бо додани хӯрок ва 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 1075 нафар истироҳатгоҳҳои фароғатӣ – таълимӣ бе додани хӯрок бо давомнокии 3 соат ташкил гардид. Илова бар ин, дар бастҳои дуюм ва сеюм фарогирии наврасон ба лагерҳо, хусусан синфҳои аз 4 боло идома дорад. Ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”-и шаҳри Кӯлоб, ки дар ноҳияи Муъминобод фаъолият дорад, кӯдакону наврасон фаро гирифта мешуданд.
лояти Хатлон таҳти №119 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” қабул шуда, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят мавриди иҷроиш мебошад. Дар ин асос имсол бояд 173 ҳазору 320 нафар кӯдакону наврасон ба лагерҳои наздимактабӣ, майдончаҳои варзишӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, назди муассисаҳои интернатӣ, томактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ҷалб хоҳанд шуд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмасаидзода гуфт, ки беш аз 3 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба басти аввали лагерҳои наздимактабӣ ҷалб гардиданд. Дар назди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо аллакай басти якум гузаронида шуд. Басти дуюм низ дар сатҳи лозима анҷом ёфт. Дар басти сеюм хонандагони фаъол, фарзандони омӯзгорон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ фиристода мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ташкили лагерҳои наздимактабӣ буҷаи маҳал ва маблағи дастгирии волидон истифода гардид. Инчунин, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ маводҳои хӯрокворӣ, ба монанди картошка, пиёз ва дигар сабзавот кумак карда шуд. - Дар назди 2 муассисаи томактабӣ 322 нафар, 5 муассисаи таълимӣ 125 нафар, 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 2630 нафар кӯдакону наврасон фарогир шуда, дар басти сеюм омӯзгорон бо ташаббуси худ фарзандонашонро иловатан ба лагерҳои беруназшаҳрӣ равон
Имсол бошад, бо сабаби маблағ ҷудо нагардидан барои таъмиру тармими истироҳатгоҳи “Шарора” ҷалби наврасон дар басти сеюм ба лагери ин ҷо ғайриимкон мебошад. Муҳаммад Шерализода, омӯзгор аз ноҳияи Қубодиён гуфт, ки лагери имсолаи наздимактабӣ аз солҳои гузашта фарқкунанда мебошад ва агарчи хонандагони зиёдро барои иштирок дар лагерҳо ба нақша гирифтаанд, аммо иштироки кӯдакону наврасон камтар буд. Зеро аксаран дар ноҳияҳои кишоварзӣ наврасон ба кумаки хонаводаи худ ба корҳои саҳро ҷалб гардидаанд ва қисми дигарро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус иҷозат надоданд. Ба иттилои масъулини Раёсати маорифи вилоят як қатор осоишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят амал мекунанд, ки аксаран хонандагон ба ин осоишгоҳҳо ба лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб гардиданд. Хусусан осоишгоҳи “Шифобахш”-и ноҳияи Вахш “Офтобак”-и шаҳри Норак, “Насими Фархор”-и ноҳияи Фархор ва амсоли ин дигар осоишгоҳҳо амал мекунанд ва дар басти сеюм кӯдакону наврасон фаро гирифта мешаванд. Ғайр аз ин, наврасон ба осоишгоҳҳои шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб бештар сафарбар гардида истодаанд.
Камкунии бақияи қарзи андозҳо
Иттилоъ дода шуд, ки қарзи музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 маблағи 193,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки аз ин 146,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзи музди меҳнати кормандони КФД “Бохтаргаз”, 46,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Раёсати истифодабарии оби нӯшокии вилояти Хатлон, муассисаи давлатии Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” мебошад. Саломзода Сиҷоуддин изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 50,3 миллион сомониро ташкил карда, 141,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ҳудуди шаҳри Бохтар заминҳои таъйиноти кишварзӣ 766,6 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он заминҳои корам 708,9 гектар, 56,85 гектар боғ, 84,16 гектар заминҳои ёрирасони шаҳрвандон (президентӣ), 11,81 гектар ситрусию суптропикӣ, 2,31 гектар тутзор ва 454,7 гектар заминҳои корами обии наздиҳавлигии шаҳрвандон мебошад. Инчунин, илова гардид, ки тибқи дурнамо кишти зироатҳои кишоварзӣ 426 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 300 гектар пахта, 72 гектар сабзавот, 30 гектар картошка ва 24 гектарро ғалладонагиҳо дарбар мегиранд. Кишти асосӣ пурра таъмин шуда, дар майдони 600 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
Аз маълумоти раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло зимни нишас-ти матбуотӣ маълум гардид, ки дастовардҳои аҳли меҳнати ноҳия давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ хубанд. Давоми нимсола қисми даромади буҷаи маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 100,9 фоиз таъмин гардид.
Нақшаҳо иҷро мешаванд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 42 миллиону 399,5 ҳазор сомонӣ (116 фоиз) расонда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 855,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар бахши сохтмону меъморӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Арзи вуҷуд намудани биноҳои таълимию маишӣ, тандурустӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, мағозаҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳусни шаҳрак ҳусни нав зам намуд. -Меҳнаткашони ноҳияи Восеъ тасмим гирифтаанд, ки ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовезҳои муносиби меҳнатӣ истиқбол гирифта, нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро дар ҳама бахшҳо афзун намоянд, - афзуд Шарбатулло Азизулло дар поёни суханаш. Сипас, раиси ноҳия ба саволҳои журналистон посух гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои вазифаи пурмасъулашон барору комёбиҳо таманно намуд. Сафар Наҷот, «Хатлон»
46 миллион сомонӣ зарар
Дар ҷамъомад сараввал Абдуқодир Вализода оид ба натиҷаҳои бадастовардаи аҳли меҳнати шаҳру ноҳияи Кӯлоб мухтасар маълумот дода, қайд намуд, ки нимаи аввали соли 2021 бо барору нобарориҳояш, аз ҷумла омадани сел ва зарари он барои ин мардум хотирмон хоҳад монд.
Дар натиҷаи омадани сел ба хоҷагии халқи шаҳри Қӯлоб ба маблағи зиёда аз 46 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ расид. Хушбахтона, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб рӯҳияи сокинонро хеле баланд бардошт. Зимни сафар Пешвои миллат бо мардуми аз офат зарардида вохӯрд, аз вазъи баамаломада огоҳӣ пайдо намуд. Бо дастури Пешвои миллат ба 1744 оилаи зарардида кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонда шуд. Зимни ин сафар ба 2 оилаи зарардида калидҳои манзили нав бо тамоми шароити зарурии рӯзгор тақдим карда шуд. Айни замон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои дигар зарардидагон бо маром идома дошта, дар арафаи баҳрабардорӣ қарор доранд. Тавассути фаъолияти самарабахши
6 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 18 ададро ташкил медиҳад, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон 6-тои он аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳияи А. Ҷомӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, дар идома афзуд, ки давоми шаш моҳи соли 2021 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 12 корхонаи саноатӣ фаъолият намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 53 миллиону 394,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Раиси ноҳия гуфт, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ
сазовор гардиданд. Варзишгарони ноҳия бошанд, 5 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 медал зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 342 миллиону 528,2 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 миллиону 809,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба 3703 тонна расонида шуд, ки 101,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 137 ҷиноят ба қайд
125 ҷиноят давоми шаш моҳ -Қарзи истифодаи барқ дар ноҳияи Панҷ 14 миллиону 960,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 8,9 миллион сомонӣ ва аҳолӣ 6,0 миллион сомонӣ мебошад, - гуфта шуд зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа. Ба гуфтаи ӯ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 125 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 26 ҳолат ҷиноятҳои вазнин, 30 ҳолат дуздӣ, 30 ҳолат қаллобӣ, 4 ҳолат авбошӣ, 6 ҳолат нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва 21 ҳолат ҷиноятҳои иқтисодиро дар бар мегирад. Ҳамзамон, 50 нафар шомили гурӯҳҳои эксремистиву террористӣ мебошанд. Зикр гардид, ки дар зарфи шаш моҳ корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 41,0 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин дав-
аҳли меҳнат ва масъулиятшиносӣ аксарияти нишодиҳандаҳои меҳнатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошанд. Аз ҷумла, нақшаи андоз ба қадри 104,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷаи шаҳр 63 миллиону 659 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Дар соҳаи саноат, нақлиёт ва алоқа низ дастовардҳои аҳли меҳнат хурсандибахшанд. Дар дигар бахшҳои истеҳсолӣ низ нишондиҳандаҳо хубанд. Мардуми шаҳру ноҳияи Кӯлоб фаъолияти худро дар кулли соҳаҳо мувофиқи мақсад ташкил намуда, азм доранд, ки сатҳу сифати зиндагиашонро боз ҳам баландтар бардошта, ҷашни ватани азизамонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намоянд. Н. Сафарзода, «Хатлон»
раи соли гузашта 1,7 миллион сомонӣ зиёд ё ин ки ба 101,3 фоиз баробар мебошад. - Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ сохтмони 15 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 46 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2021-ум 10 корхона бо таъсиси 34 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, афзуд раиси ноҳия. Ф. ДАВЛАТ, “Хатлон”
гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҷиноят зиёд мебошад. Ф. ДАВЛАТ, “Хатлон”
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»
Набзи саҳро Бо мақсади захираи кофии маҳсулоти ғизоӣ барои зимистон ва дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал дар мавсими кишти такрорӣ дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон ба парвариши сабзавоту полезиҳо ва ғалладонагиҳо, аз қабили ҷуворимаккаи дон, шолӣ, мошу дигар маҳсулоти лӯбиёгӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
95,4 фоизи нақша таъмин шуд
Аз рӯи маълумотҳои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 130 ҳазору 222 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Хоҷагидорон баъди гирифтани ҳосили дилхоҳ аз кишти баҳорӣ, дар баробари иҷрои нақшаи кишти донагиҳо, инчунин, ба парвариши сабзавоту полезиҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд, ки айни замон нарху навои онҳо дар бозорҳои кишвар боло рафтааст. Бо дарназардошти эҳтимоли норасоии маводи ғизоӣ дар баъзе кишварҳои олам, деҳқонони вилояти Хатлон бо тавсияву роҳнамоии мутахассисони соҳа дар кишти дуюмбора бештар парвариши зироатҳои муҳлати истифодаашон дарозмуддат, аз қабили ҷуворимаккаи дон, шолӣ, мошу дигар лӯбиёиҳоро ба роҳ монда истодаанд. Аз ҷумла, дар ин шабу рӯз кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ кишти такрории ин навъ зироатҳоро ба анҷом расонида, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ ба коркарди қаторҳои маҳсулоти парваришнамудаи худ машғуланд. Ба гуфтаи масъулони соҳаи кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, баъди бунёду барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар минтақаи Гараутии деҳоти “20-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ноҳия садҳо гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ҳамзамон, сокинони деҳоти атроф ба пешаи заминкорӣ шавқу рағбати зиёд пайдо карда истодаанд. Ҳамакнун, давоми се соли охир бо фароҳам гардидани имкониятҳо ҷиҳати беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва
таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ деҳқонони ин минтақаи офтобӣ дар тамоми мавсимҳои сол аз замин ҳосили фаровон мегиранд. Бино бар иттилои Комил Ҳоҷаяров, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, дар мавсими имсолаи кишти такрорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 520 гектар замин сабзӣ кишт карда мешавад, то аз болоравии бесобиқаи нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар пешгирӣ карда шавад. - Тибқи дурнамо баъди ҷамъоварии ҳосили аввал деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 8 ҳазору 858 гектар замин кишти такрорӣ хоҳанд гузаронид, ки аз ин 5 ҳазору 325 гектар ғалладонагӣ, 1516 гектар сабзавот, 350 гектар полезӣ ва 190 гектарро кишти картошка ташкил медиҳад. Аз рӯйи маълумотҳои фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, то 28-уми июли соли равон дар ҳама бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 124 ҳазору 286 гектар замин кишти зироатҳои гуногун гузаронида шудааст, ки ин 95,4 фисади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба андешаи коршиносони соҳаи кишоварзӣ, иқлими мусоиди вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки деҳқонон тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва коркарди саривақтии зироатҳо соле ду-се ҳосил бардошта, дар ғанисозии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб гузоранд. Шаҳлои АҲМАДҶОН, коромӯзи “Хатлон”
4
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Сешанбе, 3 августи соли 2021, №46 (3335)
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
400 нафар ба озмун роҳхат гирифтанд Дар шаҳри Кӯлоб ба даври дуюм роҳхат гирифтани беш аз 400 нафар иштирокчӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз маҳбубият касб кардани ин озмун дар байни аҳолӣ ва рӯ ба китобхонӣ овардани шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. Бештари довталабонро наврасону ҷавонон ташкил медоданд, ки аксари онҳо дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона иштирок доштанд. Қадамшо Ҳакимзода, сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд: “Аз муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар озмуни
мазкур беш аз 300 нафар ширкат варзида, 276 нафари онҳо дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани адабиёти бачагона номнавис шудаанд”. Имсол барои иштирок дар озмун шумораи калонсолон низ зиёд шудааст, онҳо дар номинатсияҳои гуногун ширкат варзида, намунаи ибрати ҷавонон гардида истодаанд. Мақсади асосии баргузории озмун низ ҳар чи бештар ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ мебошад ва сол ба сол афзоиши шумораи иштирокчиён аз амалӣ гардидани ҳадафҳои озмун гувоҳӣ медиҳад. Ш.Сафарзода
Пешгирӣ аз СOVID-19
Ҳадаф - ҳифзи солимии ҷомеа 30-юми июли соли равон дар доираи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва сироятёбии аҳолӣ ба бемории коронавирус бо ташаббуси масъулини шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони нашрияҳои вилояти “Хатлон” ва “Новый Хатлон” дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар аксияи тарғиботию иттилоотӣ гузаронида шуд. Дар доираи ин аксия аз ҷониби масъулин ба шаҳрвандон буклетҳое, ки аз тарафи рӯзномаи «Хатлон» омода шуда, фарогири маълумоту тавсияҳои коршиносону табибон барои пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус буд, тақдим карда шуд. Зимни суҳбат бо шаҳрвандон масъулин дар бораи риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, риояи ҳатмии пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ, махсусан дар ҷойҳои серодам, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои беҳдошти саломатӣ маълумоти муфид дода, иҷроиши қоидаҳо ва дастуроти ироашударо таъкид намуданд. Хатича Абдуллозода, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, иброз дошт, ки паҳн кардани варақаҳои иттилоотию тарғиботӣ ва нашрияҳои даврӣ ба таври ройгон дар миёни аҳолӣ то андозае сатҳи маърифати тиббию санитарӣ ва гигиении аҳолиро боло хоҳад бурд. - Чунки дар ҷомеа ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки риояи қоидаҳои санитарию гигиениро ҷиддӣ нагирифта, барои ҳифзи саломатии худу
Эмгузаронӣкафолати саломатӣ Яке аз тадбирҳои асосии мубориза алайҳи бемории COVID-19 ва пешгирии он дар баробари риояи қоидаҳои санитарӣ -эпидемиологӣ ба ваксина фаро гирифтани аҳолӣ мебошад. Ин ҷиҳати масъала аст, ки бо мусоидати давлату Ҳукумати кишвар ба ҷумҳуриамон ба қадри зарурӣ ваксина ворид гардида, алҳол дар кулли навоҳии кишварамон эмгузаронӣ идома дорад.
Аз ҷумла, дар ин бахш дар ноҳияи Восеъ хизматрасонии тиббӣ - гузаронидани ваксинаи зидди бемории коронавирус босуръат идома дорад. Чуноне зимни суҳбат директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Абдуқодир Сафарзода иброз дошт, дар кулли марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳамчунин КАТС-у маркази иммунопрофилактикаи ноҳия ҳуҷраҳои махсуси эмгузаронӣ ташкил карда шудааст, ки аҳолӣ бо ваксина фаро гирифта мешаванд. - Бо мақсади пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо ваксина дар ҳудуди се бозори доимоамалкунандаи маркази шаҳраки Ҳулбуки «Наврӯз», «Нури Восеъ» ва «Деҳқонбозор» ҳуҷраҳои махсуси эмгузаронӣ ташкил карда шудааст, ки соҳибкорону фурӯшандаҳо ва дигар шахсони хоҳишманд эм гузаронида мешаванд,-афзуд Абдуқодир Сафарзода. Бо мақсади боз ҳам тезонидани рафти маъракаи эмгузаронӣ кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия бо соҳибкорону фурӯшандаҳо ва харидорони ин бозорҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, фоидаю манфиати гузаронидани ваксинаро ташвиқу тарғиб менамоянд. То имрӯз чуноне ки аз маълумоти омории Маркази иммунопрофилактикии ноҳия бар меояд, ба қадри 9,1 фоизи аҳолии қобили ваксинасия иммунизатсия карда шудааст. -Бо боварии том гуфта метавонем, ки маъракаи эмгузаронӣ дар ноҳия бомуваффақият гузаронида шуда, саломатии мардум бо дастгирии давлату Ҳукумати кишварамон ҳифз карда мешавад,- гуфт Абдуқодир Сафарзода. Наҷот САФАРЗОДА
« ХАТЛОН »
наздиконашон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Бо роҳи ташкил ва баргузор намудани аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар миёни аҳли ҷомеа талош менамоем, ки то ҳадди имкон ҳамин бетаваҷҷуҳӣ ва бепарвоиро нисбат ба саломатӣ ва ҳаёти худу атрофиён аз миёни мардум бардорем, то як ҷомеаи солиму хушбахт барои ҳамеша дошта бошем, -афзуд мавсуф. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар оянда ҳарчи бештар доир намудани чунин аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ ва дигар намуди чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани маърифати тиббӣ, санитарию гигиении аҳолӣ, пешгирии сироятёбӣ аз бемориҳои гуногун ва ҳифзи саломатии онҳо дар нақша ҳаст. Ба таъкиди масъулин, сокинонро мебояд тавсияву роҳнамоиҳои масъулин, коршиносону табибонро ҷиддӣ бигиранд ва дар самти риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Суннатуллоҳи МИРЗО, “ХАТЛОН”
Баҳри пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории сироятии СOVID -19 дар ноҳияи Муъминобод низ чораҳои амалӣ андешида мешавад. Имрӯзҳо бо дастрасӣ ба ваксина бар зидди ин беморӣ маркази иммунопрофилактикаи ноҳия сокинони аз 18-сола болоро ба ваксинатсия фаро гирифтааст. Зебуннисо Соҳибова, директори маркази иммунопрофилактика зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Дар давраи якуми ваксинатсияи зидди бемории коронавирус 1000 нафар кормандони соҳаи тиб фаро гирифта шуданд ва дар давраи дуюм аллакай 1500 нафарро ваксинатсия намудем. Дар марказ тамоми шароитбарои пурра аз ваксинатсия гузаронидани сокинони ноҳия фароҳам оварда шудааст”.
Барои ваксинатсия шароит муҳайёст Дар баробари кушодани нуқтаҳо барои ваксинатсия як қисми сокинонро дар манзилҳои зисташон муоина намуда, ваксина мегузаронанд. Мутахассисон мегӯянд, ки ваксинатсия иммунитети баданро қавӣ гардонида, ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории СOVID-19-ро бартараф мекунад. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошанд, дар марказҳои савдою хизматрасонӣ, бозорҳо ва ташкилоту корхонаҳо ба сокинон ниқобҳои яккаратаи тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ дастрас менамоянд. Инчунин, корҳои безараргардонӣ дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо пайваста ба роҳ монда шудааст.
Тадбири дигари пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода намудани муҳити зист мебошад. Дар ин самт низ дар ноҳияи Муъминобод корҳо идома дошта, аксия ва ҳашарҳои дастаҷамъона ташкилу роҳандозӣ мешавад. Бино бар иттилои сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Рустам Шарифов, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 18 нафар гирифторони бемории СOVID-19 ба қайд гирифта шудаанд, ки 11 нафари онҳо шифо ёфта, 7 нафари дигар зери табобат қарор доранд ва вазъи саломатиашон беҳтар гардидааст. Ш. Сафарзода, «Хатлон»
Агар хоҳед, ки солим бошед… Бемории COVID-19, ки боиси ташвиши оламиён гардидааст, дар ҷумҳурии мо аз нав хуруҷ кард. Чӣ бояд кард, ки худ ва дигаронро аз ин беморӣ ҳифз намоем. Мувофиқи дастури мутахассисони соҳаи тиб, пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенӣ-санитарӣ мебошад, ки борҳо сари ин мавзӯъ тавассути матбуот ва радиову телевизион баромад намуда, роҳҳои пешгирии ин бемориро гӯшрас намудаанд. Пеш аз ҳама риояи тозагӣ: шустани дастҳо бо собун, пок намудани дастҳо бо маҳлули антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, дурӣ гирифтан аз якдигар дар масофаи 1,5-2 метр, пӯшидани ниқоб, ҳангоми сулфа пӯшидани даҳону бинӣ бо остини курта, оби даҳон накардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, барои сироят накардани дигарон дурӣ ҷустан аз шахсони солим. Мутаассифона, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳад, бо вуҷуди таъкидҳои чанддафъаина имрӯз ҳолати бепарвоӣ зоҳир намудан нисбати ин бемории хатарзо аз тарафи аҳолӣ ба назар мерасад. Яъне, аксарият вазъияти баамаломадаро ба инобат нагирифта, ба қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва дастурҳои мавҷуда риоя намекунанд ва бо ин амали ноҷои худ ҳаёти худу дигаронро зери хатар мегузоранд. Мо танҳо дар якҷоягӣ, ҳамдастӣ метавонем ин вабои асрро барҳам занему худу дигаронро солим нигоҳ дорем. Амали якҷояи мо давоми соли гузашта, бар зидди коронавирус дурустии ин суханро тасдиқ менамояд. Бо шарофати ҷидду ҷаҳди умум давоми зиёдтар аз панҷ моҳ
дар ҷумҳурии мо ягон нафар бемори коронавирус ба қайд гирифта нашуд. Вале бо сабаби рафтуомади мусофирон ба хориҷи кишвар беморӣ аз нав пайдо гардид. Хушбахтона, бо ҷидду ҷаҳди олимону мутахассисон имрӯз ваксина (доруи пешгирикунандаи бемории коронавирус) пайдо карда шуд, ки он метавонад аҳолиро аз бемории коронавирус ҳимоя намояд ва ҳадди ақал бемориро хеле сабук гузаронад. Дар ҷумҳурии мо низ бо дастгирии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ваксина ворид гардид, ки аллакай қисмати шаҳрвандон онро қабул намуданд. Чуноне аз тавсияи олимону мутахассисон бармеояд, ҳар нафари синнаш аз 18 боло бояд ваксинаи зидди коронавирусро қабул намояд. Ба занони ҳомила дар сурате тавсия дода мешавад, ки фоидаи ваксина аз зарари эҳтимолӣ зиёд бошад. Занони ширдеҳ метавонанд, ки баъди гирифтани ваксина ширмакониро идома диҳанд. Ваксинаи намуди «Модерна»-ро, ки айни замон ворид гардидааст, ҳар нафари аз 18сола боло метавонад қабул намояд. Ягона роҳи пешгирии беморӣ ва барҳам задани хатари бемории коронавирус гузаронидани ваксина аст. Алихон АЗИМОВ, директори Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Восеъ
МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Дар рӯзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешӣ матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рӯзнома метавонад бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро бар дӯш нагирад. Матолиби муаллифони беруна дар шакли электронӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 қабул карда мешавад. Ба саҳеҳии далелу арқоми эълону матлабҳои дорои хусусияти тарғиботию рекламавӣ идораи рӯзнома ҷавобгӯ нест. Дастнавису суратҳо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд.
Сармуҳаррир Носирҷон МАЪМУРЗОДА
web: www.khatlon-ruznoma.tj / e-mail: khatlon.tj@mail.ru
Соли 90-уми нашр
-
«Хатлон» ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт Бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардиданд. Дар ин давр, дастаи «Хатлон» тими «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 6:3 мағлуб намуда, ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳхат гирифт. Бозии дастаҳо 31 июл, дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Аллакай дар қисми аввали бозӣ ҳамлагари дастаи “Хатлон” Суннатулло Исмоилов дарвозаи рақибонро 3 маротиба (дар дақиқаҳои 17, 29 ва 38-ум) рахна намуда, дар номи худ хет-трик сабт намуд. Бо иловаи голи задаи Комронҷон Исмоилов (дақиқаи 24-ум) қисми аввал 0:4 пушти сар гардид. Ду голи дигари дастаи “Хатлон”-ро Фирдавс Алиназаров (дақиқаи 48-ум) ва Жан Гатен (дақиқаи 74-ум) ба ҳадаф расониданд. Дар қисми дуюми рақобат мизбонон низ тавонистанд 3 маротиба тӯбро вориди дарвозаи “Хатлон” намоянд. Ҳамин тариқ, дастаи “Хатлон” дар даври 1/4 ниҳоӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад. Бояд гуфт, ки дар ин давр вилояти Хатлонро
7 даста намояндагӣ мекард. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб тими “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 1:3 шикаст дода, “Файзканд”-и Восеъ бар дастаи “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 0:1 ғалаба ба даст оварда, роҳхати даври минбаъдаро гирифтанд. Тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо ҳисоби 5:1 аз дастаи КМВА ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ аз тими “Эсхата” бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд. Тибқи маълумоти ФФТ даври 1/8 ниҳоӣ ва 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо як бозӣ ҷамъбаст гардида, даври ниманиҳоӣ аз ду рақобат (бозии хонагӣ ва сафарӣ) иборат мебошад. Дар назар аст, ки имсол бозии финалии ПариматчҶоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Далер Ибодуллозода, “Хатлон”
Саломат бошед!
Тандурустӣ - умеди офият Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба масоили тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои шоистаеро анҷом дода, саломатию сиҳатии аҳолиро боигарии давлат ва сармояи бузурги инсонӣ меҳисобад. Ҳамин аст, ки дар ин солҳои пурфайз садҳо иншооти гуногуни замонавӣ, аз қабили бунгоҳи тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаю ташхисгоҳҳо ва маҷмааҳои тандурустӣ арзи вуҷуд карда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин андешидаҳои олӣ нигоштааст: “Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, чунки тандурустии ҷавонон, тандурустии миллат аст”. Аз ин ҷост, ки тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва шуғл ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ҳадафи меҳварии сиёсати инсондӯстиву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Ниёгони мо дар асару ашъори ҷовидона перомуни масоили тандурустӣ, ҳифзи сиҳатӣ, ҳолатҳои беҳдошти зиёни, пурхӯрӣ ва риояи реҷаи хӯрокхӯрӣ ҳамчун маҳаки бунёди саломатӣ тавсияҳои муфид баён намудаанд. То ҳанӯз ин дастуру андарзҳо дархӯри башарият буда, доир ба фавоиди ғизоҳои шифоангез, матраҳи масъалаҳои тандурустӣ ва парҳезу поккориҳо матолиби ҷолиб медиҳад. Бинобар ин, гузаштагони варзиш ва камхӯриро мояи тандурустии инсон медонистанд: Бинои давлати хеш он касе хароб кунад, Ки шом мехӯраду субҳгоҳ хоб кунад. Вазъи саломатӣ дар ҳаёти инсон мақоми арзишманд дорад ва муҳити солимии иҷтимоию иқтисодиро фароҳам меоварад. Ба ин хотир зарур аст, ки дар шароити кунунии авзои эпидемиявии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба-
рои тандурустии хеш ва наздикону пайвандон тадбирҳои судманд андешем. Тавсияи табибону мутахассисони соҳаи тибро бар зидди паҳншавӣ ва интиқоли ин беморӣ ҳадафи осоиши зиндагии худ қарор диҳем. Танҳо бо поккию безараркуниҳо, риояи ҳолати беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи иҷтимоӣ, сабку равиши нави ҳаёт ва истеъмоли меваҳои шаҳдбори дармонбахши кишвар ба ин амрози беамони сироятӣ пирӯзу дастболо мегардем. Аз ин рӯ, баҳри саломатии аҳолӣ савияи донишҳои табиатшиносии ҷомеаро дар партави Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф” тарҳи наву вусъати тоза бибахшем. Илмро ба амалия пайваст намуда, бо кашфи истеъдодҳо, ривоҷи илми гиёҳшиносию гиёҳдармонӣ ва саноати дорусозӣ собит бисозем, ки мо ворисони ҳақиқию идомабахши кори пайкори Синои бузургвор ҳастем. Маҳз сиҳатмандӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, рӯ ба сӯйи китобу илмҳои бунёдӣ, тарзи ҳаёти солим ва машқу тамрини варзишӣ асоси дарозумрию бахту саодат мебошад: Ҳифзи сиҳҳат бас накӯ бошад, З-он ки тӯли бақо дар ӯ бошад. Файзулло АБДУРАҲМОНОВ, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав
эътибор надорад Шаҳодатномаи гумшудаи силсилаи Б №497033, дар бораи хатми синфи 8, ки онро соли 1985 МТМУ №4-и шаҳри Бохтар ба Арипова Дилбар Маруфовна додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи силсилаи АБ №041715, ки онро соли 2001 МТМУ №6-и ноҳияи Вахш ба Милибаев Акмалидин додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи №329145, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1974 МТМУ №20и ноҳияи Вахш ба Бакоев Ҷалил Мирзоевич додааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи Қурбонова Садбарг, ки аз тарафи Нозироти андози шаҳри Бохтар таҳти РЯМ: 283013915 дода шудааст, эътибор надорад.
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/ рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
Рӯзнома дар чопхонаи «Матбааи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар ба табъ расидааст. Сифати чопи рӯзнома ба дӯши матбаа аст. Ба чопаш 03.08.2021 иҷозат дода шуд. Адади нашр: 9410 нусха.
Навбатдор: Суҳроб АЗИЗЗОДА
Нишонии мо: шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов - 12. Телефонҳо: сармуҳаррир: 2-88-17, муовини сармуҳаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16. Индекси обуна: 68896
Тарроҳ: Умед МИРЗОЕВ