Skip to main content

Рӯзномаи Хатлон шумораи №44-22.07.2021

Page 1

Дар ин шумора:

1

ur.liam@jt.noltahk

Рӯзномаи «Хатлон» Рӯзномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Раиси вилоят noltahk_iam onzur@ noltahk_бо iamonzur@ дар суҳбат сокинони деҳаи Иттифоқ

»нолтаХ« иамонзу- Р

2

р ш а н и м у - 0 9 и ло С

3

Зи ишқи Ватан 3333( 44№ ,1202 илос илюи 22 ,ебнашҷнаП ҷӯш дорад, )дилам...

4

ХАТЛОН Саҳ.

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

НОЛТАХ

Пайвандгари дӯстии тоҷику ӯзбек

№44 (3333), 22.07.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Аз уҳдаи ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароем Субҳи имрӯз, 22 июл, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафарро бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ оварда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Инчунин, 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд. 22 июл дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ тибқи фармони Сардори давлат, санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят қайд намуд, ки ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода будани на танҳо ҷавонони синни

даъват, балки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар нишонаи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мову шумост. - Барои таҳкими неруи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ мо на танҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, сарбозони бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбиро ихтиёркарда, балки ҷавонмардони дар эҳтиёт қарордошта низ эҳтиёҷ дорем, - афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. Ба фарзандони далеру ғаюри Ватан хотирнишон карда шуд, ки соҳибдавлат будан

дар баробари унсурҳое, чун забони давлатӣ, таърихи пурифтихори бостонӣ ва арзишҳои неки фарҳангӣ аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлати миллӣ ва давлатдории навини мо, суботи сиёсии ҷомеа ва зиндагии осудаи мардум мебошад. Таъкид гардид, ки амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат аз сатҳи омодабошии ҷангии он вобастагии мустақим дорад. Тавре ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 июл, дар суханрониашон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ таъкид доштанд, дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳимми амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи

мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд. Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст. Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон такроран таъкид намуданд, ки мо бояд

Азми густариши ҳамкориҳо бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон Сафари ҳайати кории вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Қарор аст, ки ҳамроҳ бо раиси вилоят роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Хатлонзамин ҷиҳати боздид аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори дигар ба кишвари ҳамсоя сафар намуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монанд. Қобили зикр аст, ки миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Имрӯз ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят Дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 7,9 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 646,6 миллион сомонӣ ё ки 8,9 фоизро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи соҳаи растанипарварӣ 83,2 фоиз ва чорводорӣ 16,7 фоиз, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 58,6 фоиз ва бахши аҳолӣ 41,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи пешравиҳои соҳаи кишоварзӣ саҳми кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун, Ёвон ва Дӯстӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Дар вилоят дар майдони 347 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ин ба 105,1 фоизи дурнамои пешбинигардида баробар мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун, Шаҳритус, Левакант ва Темурмалик аз дурнамои пешбинигардида ғалладонаро зиёд кишт намудаанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 342,4 ҳазор тонна ҳосили ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 36,9-сентнериро ташкил дода, иҷрои дурнамо 102,2 фоиз таъмин карда шудааст.

Дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ Дар ду соли охир ба зиёда аз 100 нафар хизматчиёни сохторҳои қудратӣ дар вилояти Хатлон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

сёр муҳим дорад”. барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимбисёр гарон бадастовардаамон, суботи ни суханронӣ дар роҳпаймоии ҳарбӣ дар сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату шаҳри Бохтар қайд кард, ки вазифаи асохалқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнисии ҳайати шахсии Минтақаи мудофиаи яти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои ҳудудии вилоят ва ноҳияҳои мудофиаи мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва ҳудудӣ, пеш аз ҳама, гирифтани пеши роҳи афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадушманони миллат ва гурӯҳҳои ҷинояткори дом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем. Роҳбари давлат дастур доданд, ки ба ҳудуди вилоят воридшуда ба ҳисоб меҚувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу равад. “Ҳар яки шумо, чун сарҳадбонон дар томҳои ҳарбӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва субоҳуқуқи кишвар барои пешгирӣ кардан ва ту оромии сокинони вилоят қарор доред ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя омодабошии ҷангии худро дар сатҳи банамуда, доим ҳушёру зирак бошед, нагузоландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт ред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андева дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому шанд. осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи марЁдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Исломии думи шарифи Тоҷикистонро халалдор соАфғонистони ҳамсоя бо вилояти Хатлон занд”, - афзуд ӯ. зиёда аз 420 км, ки асосан, аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар Танҳо шахси воқеан иборат мебошад, ватандӯст метавонад сарҳад дорад. Вазъи дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ниҳоят мураккабу ҳифзи амният ва ободии Ваҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан автани худро таъмин созад. зои Афғонистон, оқибатҳои манфии Пешвои миллат раванди ҷаҳонишавӣ, Эмомалӣ Раҳмон фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷ и н о я т к о р и фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як Қайд гардид, ки чорабинии зикршуда сарбозу афсар ва шаҳрванди дар эҳтиёт дар сатҳи баланд гузашт. Ҳамзамон, барои қарордоштаи бонангу номус ҳушёрии касбӣ баланд бардоштани сатҳи касбият ва омова зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотидабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор ри ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон кардан зарур аст. вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо Изҳори итминони комил шуд, ки эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намуда, баҚӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони дарои ҳимояи он ҳамеша омода бошанд. леру шуҷои тоҷик минбаъд низ аз уҳдаи Тавре ки Пешвои муаззами миллаиҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи тамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъбоэътимоди марзҳои кишварамон бо кид доштанд, “...сарҳади давлатии миёни сарбаландӣ мебароянд. Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Носирҷон Маъмурзода, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди “Хатлон” Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи би-

Изҳори тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз реҳлати Қурбонбӣ Раҳмонова - хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андуҳгин буда, ба Президенти мамлакат, фарзандон, хешу табор ва ақрабои модари марҳум тасаллияти амиқ арз мекунанд. Хабари даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова, ки як намоди меҳру муҳаббат, иффату ҳунар, модари ғамхору иззатманд буданд, бас таконбахшу ғамангез аст. Дареғо, ки марги беамон боз як инсони шарифу фариштахӯ, дорои ахлоқи воло, маҳфилоро, мураббӣ ва тарбиятгари нотакрореро аз байни мо рабуд. Шахсе ба олами абадият пайваст, ки аз табори меҳру иффат буд, бо самимияту меҳрубонӣ, фазилати баланди инсонӣ маҳбуби дили пайвандону ҳамдеҳагону ҳамдиёрон гардида буд. Ӯ бо ҳамагон ҳамдаму дилсӯз ва ба ҷавонон меҳрубону роҳнамо буд, бо тамкину бурдборӣ, сухани нек, таҳаммулпазирӣ ва рафтори неку писандидааш намунаи ибрат буд. Ҳамагон ин модарро ҳамчун шахси комилан беозор, нармгуфтор, инсондӯст, самимӣ ба ёд хоҳанд дошт. Аз ин ҷост, ки марги чунин инсони соҳибдил барои азизонаш талафоти ҷуброннопазир ба шумор меравад. Мо бо Пешвои миллат ва ҳамаи бозмондагони марҳума ғамшарику ҳамдардем ва ба онҳо дар таҳаммули дарди фироқ сабру шикебоӣ мехоҳем. Хотираи дурахшони инсони некном дар дилҳои мо ҷовидонист. Ному ёдашон гиромӣ ва маскани охираташон пурнур бод!

ТАЪЗИЯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳамаи оилаҳое, ки бар асари офати табиии рӯзи 19 июл дар шаҳри Панҷакент азизони худро аз даст доданд, изҳори тасаллияти амиқ менамояд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат, рӯзи 19 июл бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд. Офати табиӣ, ҳамчунин дар навоҳии дигари вилояти Суғд ҳам ба хоҷагии халқ зарари молиявӣ расонида, чандин манзили истиқоматӣ, роҳу пул ва иншооти дигарро хароб кардааст. Мардуми вилояти Хатлон дарди нафарони аз офати табиӣ зарардидаро хуб эҳсос мекунанд, чун баҳори имсолу соли гузашта худ шоҳиди ин ҳол буданд. Бинобар ин, хатлониҳо ҳамдарди онҳоянд ва дар ин лаҳзаҳои душвор ғамшарику ҳампаҳлуяшон мебошанд. Сабуру шикебо бошед, ҳамдиёрон, ин рӯзҳо ҳам пушти сар мешаванд ва ба рӯзи нек мерасем. Мо бо Шумоем!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоятро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ дониста, пайваста барои шароити мусоид фароҳам овардан чораандешӣ менамояд. Дар ин давра ба сохторҳои низомӣ зиёда аз 50 гектар замин ҳамчун хоҷагии ёрирасон ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади таъмир, барқарору азнавсозии бинову иншоотҳои сохторҳои низомӣ, сохтмони боғчаи бачагона барои фарзандони қисмҳои ҳарбӣ, сохтмони роҳҳо, кашидани хати барқ ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва расонидани кумакҳои моддӣ зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастии афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дар арафаи идҳои миллӣ ва касбӣ чорабиниҳои фарҳангӣ бо оростани дастурхони идона баргузор карда мешаванд.

Маоши миёна дар вилоят ба 1140,5 сомонӣ расид Дар вилояти Хатлон нимаи якуми соли ҷорӣ 24789 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Тавре ки аз Сарраёсати омори вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, аз ҳисоби баргузории 203 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2321 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 3751 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 1140,5 сомонӣ баробар гардида, нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 9,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истихроҷ – 2079,6 сомонӣ, саноати коркард – 1644,9 сомонӣ, сохтмон – 1718,8 ва бахши хизматрасонӣ – 1074,5 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Кӯлоб 59 954 га замин обёрӣ карда шуд Аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ба истифодабарандагони оби полезӣ дар майдони 59954 га замин тибқи шартномаи тарафайн об дастрас гардид, ки 100%-и нақшаро дар бар мегирад. Ба иттилои сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов, дар натиҷаи таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда шуда, нархи маҳсулот дар бозори марказӣ коҳиш меёбад. Дар минтақаи Кӯлоб 15 адад пойгоҳи обкашии дохилихоҷагӣ бо шумораи 30 адад агрегат фаъолият дошта, ба кишоварзон ба миқдори 174 ҳазору 495 куб оби полезӣ таъмин карда шудааст. Дар ин давра 1689,61 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд, ки аз ин шумора 402,14 км заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ ва 1287,47 км заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ мебошанд. Баҳри тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо 69 адад техникаҳои ёрирасон сафарбар карда шуда, дар мавзеъҳои хавфнок низ корҳои барқарорсозиро идома медиҳанд.

Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар Панҷ Дар назди 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Панҷ 35 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шарофиддин Асомиддинзода зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин иқдом бо дастгирии падару модарон амалӣ гардида, барои татбиқи он беш аз се миллион сомонӣ сарф гардидааст. Манбаъ афзуд, ки дар назди даҳ муассисаи таълимӣ бунёди 50 синфхонаи иловагии дигар бомаром идома дошта, қисмати зиёди онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар муассисаи таълимии №36 сохтмони панҷ синфхонаи иловагӣ муташаккилона идома дорад. Дар баробари бунёди синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишии мактабҳои №36 ва №27 дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Ҷумъа, 23.07.2021

Шабона +21+23 с Рӯзона +37 +390 с 0

Шанбе, 24.07.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +38 +400 с 0

Якшанбе, 25.07.2021

Шабона +20 +220 с Рӯзона +36 +380 с

Манбаъ: www.meteo.tj


)3333( 44№ ,1202 илос илюи 22 ,ебнашҷнаП

НОЛТАХ р ш а н и м у - 0 9 и ло С

ur.liam@jt.noltahk

noltahk_iamonzur@

noltahk_iamonzur@

»нолтаХ« иамонзу- Р

2

Аз нишасти матбуотии раиси вилоят

Қурбон Ҳакимзода: «Дар симои рӯзноманигорон ҳомиёни арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинем» 19 июл дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо иштироки беш аз 80 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба рӯзноманигорон барои фаъолияти назаррас ва пурмаҳсул, масъалагузориҳои мубрам, муносибати дилсӯзона ва конструктивӣ, пешниҳоду таклифҳои пурмазмун ва ҳамкорӣ ба хотири таъмини ояндаи боз ҳам дурахшонтари мамлакати азизамон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки ба ҳамаи рӯзноманигороне, ки бо инъикоси ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар рушди мамлакат саҳм мегузоранд, дар ҷамъбасти нуҳмоҳа ҷоизаи “Ободгари Ватан” тақдим хоҳад шуд. Дар нишасти матбуотӣ инчунин иттилоъ дода шуд, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 422 ҷойи кор таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо, корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1080 ҷойи кори нав идома доранд. Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад. Айни замон теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626 ададро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намудааст. Дар посух ба саволи намояндаи телевизиони “Варзиш” доир ба он ки дар доираи Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2017-2021 дар сатҳи вилоят чӣ корҳо анҷом дода шудааст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакмзода дар нишасти матбуотии худ иттилоъ дод, ки ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур дар солҳои 2018-2020 ва шашмоҳаи якуми соли 2021 дар маҷмӯъ 3 миллиону 241 ҳазору 794 сомонӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо гардидааст. Дар давоми солҳои 2019-2020 ва шаш моҳи соли 2021 барои фаъолияти мунтазами Федератсияи футболи вилояти Хатлон 436 ҳазору 480 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастаҳои футболи вилоят дар солҳои 2018-2021 барои нигоҳдорӣ ва ҳавасмандии бозигарони дастаҳо маблағҳои зерин ҷудо карда шудааст: Дастаҳои футболи Лигаи олӣ КФ “Хатлон” – 3 миллиону 554 ҳазору 650 сомонӣ КФ “Равшан” – 1 миллиону 617 ҳазору 500 сомонӣ КФ “Файзканд” – 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ.

Лигаи якум (барои солҳои 2020-2021) КФ “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор – 471 ҳазор сомонӣ КФ “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ – 970 ҳазор сомонӣ КФ “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ – 500 ҳазор сомонӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят мебошад, гуфт, ки ҷиҳати рушди футбол дар вилоят дар доираи имкониятҳои молиявӣ тамоми тадбирҳо роҳандозӣ мегардад. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин қайд гардид, ки мувофиқ ба нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 7261 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин ҳисоб 9378 ҷойи нави кории доимӣ ва 22322 ҷойи кории мавсимӣ фароҳам омад. Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда 94,7 фоиз таъмин гардида, дар 406 иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Дар бунёд ва баистифодадиҳии иншоотҳои ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Кӯшониён, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас арзёбӣ гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли 2021 тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят барои солҳои 2017-2021-ум, 19 иншооти соҳаи маориф барои 2348 ҷойи хониш дар як баст ва берун аз Барнома 13 иншооти соҳа барои 2459 ҷойи хониш дар як баст, дар маҷмӯъ 32 иншоот барои 4807 ҷойи хониш дар як баст бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Доир ба дастовардҳои соҳаи иттилоот сухан ронда, раиси вилоят аз гузаштан ба пахши шабонарӯзии телевизион ва радиои вилоят, афзоиши даврияти чопи рӯзномаи “Хатлон”, таъсиси нашрияи хоси кӯдакону наврасон “Ғунчаҳои Хатлон”, таъсиси Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ёдовар гардид. Пас аз нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, инъикоси саривақтӣ ва касбии дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят, фаъолияти самараовари эҷодӣ ва ҳамкории хубу пурмаҳсул бо мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қатор рӯзноманигорони фаъол ва собиқадорони матбуот бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии вилоят, туҳфаҳои хотиравӣ ва роҳхат ба осоишгоҳҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар интиҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як рӯзноманигор ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад. - Итминон дорам, ки чунин ҳамкории пурмаҳсули мо дар соли таҷлили ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъати тоза пайдо карда, якҷоя дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра, бартарафсозии камбудию норасоиҳо, таҳким ёфтани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ташаккули афкори созандаи омма саҳмгузор хоҳем буд, - қайд кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони деҳаи Иттифоқ Субҳи 20 июл раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба мавзеи аз офати табиии моҳи май зарардидаи ноҳияи Вахш сафар карда, бо ҷараёни сохтмони бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона ва муассисаи таълимӣ, ки дорои 13 синфхона ва 320 ҷойи нишаст хоҳад буд, дидан намуд. Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин дастур дод, ки ба сохтмони иншооти мазкур вусъат бахшанд. Дар ин баробар, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти сохтмони хонаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, шиносоӣ ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва барои босифат ва саривақт анҷом додани сохтмони манзилҳои боқимонда маслиҳатҳои муфид дод. Сокинон аз суҳбати самимӣ ва маслиҳатҳои судманди раиси вилоят истиқбол намуданд.

Аёдати собиқадорони меҳнат Дар арафаи Иди саиди Қурбон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода чанде аз собиқадорони меҳнатро, ки дар пешрафт ва тараққиёти кишвари азизамон саҳми босазои худро гузоштаанд, аёдат намуда, бо вазъи саломатӣ ва зиндагии онҳо шинос шуд.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Бӯрёкӯбон

Раиси вилоят калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супорид Рӯзи 19 июл раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани манзилҳои нави зист барои оилаҳои аз офати табиии моҳи май зарардида ширкат варзид.

Бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, дар маҷмӯъ, калиди 6 манзили нави зист дар вазъияти тантанавӣ ба

соҳибонашон супурда шуд. Раиси вилоят зимни маросими бӯрёкӯбони соҳибхонаҳо ба хонадонашон файзу баракат ва хушиҳои рӯзгорро

таманно намуд. Гадойбӣ Назарова, сокини маҳаллаи ба номи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб, Меҳроҷиддин Ҳаитов, Амиралӣ Исломов, Ҷобир Ниёзов, соҳибхонаҳо аз маҳаллаи ба номи Содиқови шаҳри Кӯлоб ва дигарон ба Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли дастандаркороне, ки дар бозсозии манзилҳои зисти офатдидаҳо саҳм доштанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 15 июн зимни ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб 8 хона ба истифода дода шуда буд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 майи соли 2021 дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат сатҳи оби Девонасой, сойи Тебалай, Шӯраксой ва обҳои талу теппаҳо баланд гардида, ба хонаҳои истиқоматии кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои кишварзӣ, роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта, корхонаю иншоотҳои давлатӣ ва хусусӣ, соҳилҳои сою дарёҳо зарари ҷиддӣ расонид. Дар натиҷа 43 хонаи истиқоматӣ пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон зарар диданд. Маблағи умумии зарари расонидашуда қариб 46 миллион сомониро ташкил дод. Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯзи сар задани офати табиӣ гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат таъсис дода шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва кумакрасонӣ ба оилаҳои зарардида оғоз гардиданд. Лоиҳаи бунёди як хона 260 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Хонаҳо пурра аз ҳисоби давлат бозсозӣ карда мешаванд. То имрӯз дар Кӯлоб қариб 20 хонаи пурра вайроншуда аз нав сохта, ба соҳибонашон супурда шуд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Нахуст, Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадори меҳнат Амирхон Шамсов омада, бо ин меҳтари меҳнат суҳбати самимӣ орост. Амирхон Шамсов дар солҳои гуногун дар вазифаҳои раиси колхоз, раиси комиҷроияи Совети депутатҳои халқии ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, сардори идораи кимиёи вилояти Хатлон, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон, сардори хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Дорандаи рутбаи тахассуси мушовири давлатии дараҷаи 2 ва унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошад. Иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба аёдати Азимова Авзалбӣ рафта, аз ҳолу аҳволаш пурсон шуд. Азимова Авзалбӣ 8-уми марти соли 1932 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Номбурда фаъолияташро аз овони ҷавонӣ дар соҳаи кишоварзӣ оғоз намуда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳли оилаи онҳо ба ғаллакорию боғдорӣ машғул буданд. Авзалбӣ Азимова солиёни дароз дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ фаъолият карда, ба мардум хизмат расонидааст. Бо фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС аз 9-уми феврали соли 1976 бо унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» сарфароз гардидааст. Дорандаи унвони «Ветерани меҳнат» мебошад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин

ба аёдати собиқадори меҳнат Хатичабону Ализода омад. Хатичабону Ализода солҳои гуногун ба ҳайси ҳамшираи шафқат, китобхоначӣ, методисти шуъбаи фарҳанг, мудири шуъбаи фарҳанг, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мудири бахши кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар фаъолият намудааст. Ин бонуи ҳунар соли 1971 бори нахуст намоиши фолклорӣ-этнографии «Қошуқ»-ро дар шаҳри Бохтар ба саҳна гузошт, ки минбаъд дар фестивал-озмуни телевизионӣ дар байни дастаҳои рақсӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ташкилкунандаи ансамбли оилавии Давлатовҳо ба номи «Бахт» аст ва ин дастаи ҳунарӣ иштирокчии фаъоли чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ буда, дар фестивал-конкурсҳои ансамблҳои оилавӣ дар шаҳри Москва соли 1980 иштирок намудааст. Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар, гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар чунин рӯзҳо аёдати куҳансолон, модарони мушфиқ, беҳтарин рисолати инсонист. Пирони рӯзгор аз ташрифи раиси вилояти Хатлон эҳсоси фараҳмандӣ карда, бо шукргузорӣ аз мамлакати тинҷу ором барояшон дуои нек намуданд. Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”


3

НОЛТАХ р ш а н и м у - 0 9 и ло С

ur.liam@jt.noltahk

noltahk_iamonzur@

noltahk_iamonzur@

»нолтаХ« иамонзу- Р

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Авроқи рангини даврони соҳибистиқлолӣ (Солҳои 2007-2010) (Идома аз шумораи 42) Соли 2007 бо зимистони сарду шадид оғоз ёфт. Дар ин баробар мардумро боз як имтиҳони ҷиддӣ-нарасидани қувваи барқ, пеш омад. Камчинии маҳсулот, болоравии нарху наво нишон медод, ки ҳанӯз ҳам соҳаи кишоварзии мамлакат ниёз ба таваҷҷуҳу дастгириҳо дорад. Дар ин баробар ҳарчӣ зиёдтар ворид гардидани маҳсулоти беруна, ки боиси қиматӣ мегардид, дар ҳаёти мардум душвориҳо зам мекард. Бо ин мақсад Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои нав ба нави тадбирсозро раҳандозӣ менамуд. Дар ин замина, дар вилоятҳо, шаҳру навоҳии кишвар роҳҳои беҳсозии вазъи душвори баамаломадаро меҷустанд. Аз ҷумла, 26 январи соли 2007 раиси вилояти Хатлон қарор дар бораи озмуни вилоятии “Беҳтаринҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят”-ро ба тасвиб расонид. Озмуни мазкур бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сохтмон дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кӯчаву маҳаллаҳо, муайян намудани беҳтарин кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, коллективҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва нишондодҳои истеҳсолӣ роҳандозӣ гардида, он дар тамоми шаҳру навоҳӣ, сарфи назар аз шакли моликият гузаронида шуда, беҳтаринҳо қадрдонӣ карда мешуд. Моҳи апрели ҳамин сол ҳайати вакилони вилояти Балхи Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо мақсади таҳкими дӯстӣ, боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои тарафайн, шиносоӣ ба кору рӯзгори бошандагони Хатлонзамин ва ҳамчунин, дидан намудан аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ташриф оварданд. Соли 2007 як тадбири дигар дар раванди беҳгардонии зиндагии шоистаи мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардид, ки онро дар таърихи давлатдории ҳеҷ кадом давлати дунё ба ёд надоштанд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳангии миллат ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии

ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида буд, ки он баъди оммапурсиву тарафдории якдилона ёфтан дар парлумон ҳукми қонунӣ гирифт. Гузашти вақт нишон дод, ки ин қонуни миллӣ дар кишвари соҳибистиқлол воқеан зарур аст. Онро оянда дар дигар кишварҳои ҳамсояву ҷаҳон қобили дастгирӣ донистанд. Агар дар соли 2007-ум 800-солагии олим, файласуф, орифи бузург, шоири шаҳир Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуда бошад, пас соли 2008 бузургдошти 1150-солагии Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ ботантана таҷлил гардид. Дар ин раванд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забон, соли 2007, чунин қайд намуданд: “Барои ҷалби тамоми ҷомеа ба амри хайри ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба забони модарии хеш пешниҳод менамоям, ки соли 2008-ум “Соли забони тоҷикӣ” эълон гардида, якҷоя бо ҷашни нахустин устоди сухани тоҷикӣ-форсӣ Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда шавад”. Соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки таконбахши ҷалби сармоя ба ҳисоб меравад, оғоз бахшиданд. Худи ҳамин сол ду минтақаи озоди иқтисодӣ- «Данғара» ва «Панҷи поён» ташкил карда шуд. Сардиҳои бесобиқаи зимистон, ки ҳанӯз ҳам давом дошт, ба камобиву хушксолӣ, камбудии шадиди неруи барқ ва болоравии нархҳои сӯзишвориву маводи ғизоӣ меовард. Барои ба эътидол даровардани мушкилоти мавҷуда Ҳукумат беш аз пеш тадбирҷӯиҳо мекард. Аз ҷумла, кор дар самти ба вуҷуд овардани системаи ягонаи энергетикии мамлакат тезонида шуд. Ҳамин буд, ки сохтмони хатти интиқоли барқи 200-киловолтаи «Лолазор - Хатлон» соли 2008-ум пурра ба итмом расид. Илова бар ин, зарурат ва ҳам фоидабахшии лампаҳои каммасрафро ба назар гирифта, Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи гузариш ба лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ” интишор ёфт ва ҳамагӣ дар давоми як сол маълум гардид, ки аз ин ҳисоб чӣ қадар неруи барқ сарфа мешаваду ба маротиб ба буҷети оила манфиат меовардааст. Дар фасли тирамоҳу зимистон бошад, акнун

мардум камтар ба азоби бебарқӣ гирифтор мешуданд. Соли 2009 дар Тоҷикистон 1310-солагии пешвои мазҳаби иршоди дини мубини Ислом- ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Нуъмон ибни Собит, маъруф ба Имоми Аъзам(р.а) дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шуд ва ташкили симпозиуму ҳамоишҳои байналмилалӣ мардумро бо ҳаёт ва рӯзгори ин фақеҳи бузург ошно намуданд. Вобаста ба раванди сохтори навини давлатдорӣ ҷиҳати дастгирии бевосита ба с оҳибк орӣ д ар с ол и 2008 бо фармон и През и д ен т и мамлакат дар бораи санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёна мораторий эълон гардида, ба онҳо чандин имтиёзи дигар, аз қабили муҳлати бақайдгирӣ, коҳиш додани андоз аз арзиши иловашуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ тавассути бонкҳо додани қарз, амалӣ карда шуд. Азбаски то ҳанӯз дар кишвар масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ ҳалнашуда монда буд, соли 2010 ин қарз ба маблағи зиёда аз 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ аз эътибор соқит дониста шуд. Ба хотири он ки Сарвари давлат аз оғози пеш бурдани давлатдорӣ дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал қарор дода, бо мақсади рушди он пайи ҳам таваҷҷуҳу дастгириҳо мешуд, соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, эълон намуданд. Дар ин сол чорабиниҳои зиёд дар роҳи рушди маориф гузаронида шуд, аз ҷумла дар роҳи беҳтаргардии таълиму тарбия ва бунёди мактабу синфхонаҳо, ки дар он саҳми падару модарон ва соҳибкорон низ қобили қайд аст. Таҳлилҳои оморӣ нишон медод, ки аз давраи аввали роҳандозӣ шудани Квотаи президентӣ соли 1997 то соли 2010-ум ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз даҳ ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 7500 нафарашон духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонанд. Соли 2010, ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20112020» қабул шуд, ки минбаъд ҷалби занону бонувони фаъоли эҷодкор, қобилияти роҳбаридошта дар зинаҳои гуногуни мансабдорӣ зиёд гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба давлати куҳанбунёд ва миллати соҳибтамаддун будани тоҷикон дар арсаи олам боварӣ ҳосил намуда, эътироф ҳам намуданд. Ҳамин буд, ки ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигарро дар масъалаи ҷашни аҷдодии тоҷикон ва байналмилалӣ хондани Наврӯзи Аҷамро Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ намуд ва дар ин бора соли 2010 қатънома қабул гардид, ки аз он сол ба инҷониб онро дар аксар кишварҳои дунё ботантана ҷашн мегиранд бо унвони “Наврӯз”, яъне Рӯзи нав, ки ҷолибтарин ва фархундатаринаш дар кишвари соҳибистиқлоли мо тантана меёбад. Ахиран, соли 2010 тақсимоти қитъаҳои манзилҳои истиқоматӣ аз ҳисоби 21 ҳазор гектар замин, ки соли 2009 барои зиёда аз 150 ҳазор оила қабул гардида буд, оғоз гардид, ки ин боз як ғамхории давлату Ҳукумат дар самти беҳтаргардии зисту зиндагии сокинони деҳот ба ҳисоб меравад. Исматуллои Гули ОЛИМ, “Хатлон”

Дар масири дӯстӣ

Се унсури фарҳангӣ

Дидгоҳи хос

Ваҳдати миллӣ шукуфоии кишвар аст Саъбагул Валиева, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Оре, сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу форам ба гӯши кас садо медиҳанд. Вожаи сулҳ-ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷассум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиву поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. 24 сол аст, ки дар қалби мардуми тамаддунсоз ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Маҳз, ба шарофати ҳамин Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани ватани азизамон -Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем. Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳбахшу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш ва бо хиради азалӣ доштанаш соҳибэҳтиром мебошад.

Тоҷикистонро дӯст медорам Ғ.Қ. Сиддиқзода,

мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон

Ватан! Чӣ калимаи гуворо, сода, дилнишин ва равон, ки дар он ҷаҳон-ҷаҳон маъно нуҳуфтааст. Ватан болу пар, сарфарозиву сарбаландӣ, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон аст. Ватан ва модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд. Он тавре ки инсон як модар дорад, ҳамин тавр як Ватан дорад. Беҳуда баъзан ин ду калимаро дар паҳлуи якдигар наменависанд. Ватан – Модар ва ё Модар – Ватан. Ватан он ҷост, ки хуни ноф мерезад, яъне таваллуд мешавӣ, нашъунамо меёбӣ. Ватан он ҷост, ки ба камол мерасӣ, ҳунар меомӯзӣ ва дар пайи озодӣ ва ободии он мекӯшӣ. Оғӯши Ватан мисли оғӯши гарми модар аст. Дар он деҳаҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои зиёд ҷойгиранд. Аз ин оғӯши гарм ҳеҷ чиз берун намемонад, на сангаш, на кӯҳаш, на чашмасораш, на дарёҳои хурӯшонаш ва на боғу роғаш. Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбияест, ки дар натиҷаи он шаҳрвандон, миллату давлат, сарзамини аҷдодии худро гиромӣ дошта, ҳимоя менамоянд ва баҳри пойдории сулҳу суботи сартосарӣ талошҳои худро равона месозанд. Пас, мебояд, ки мо-ҷавонони зодаи даврони Истиқлол ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасему то ҷон дар бадан дорем, барои дифоъ аз марзу буми Ватани азизамон ҳамеша омода бошем.

Хотираҳо

Меҳри ватанам дар дили ҷӯшони ман аст Ҳар як инсон китоби хотираҳои худро дорад, ки саҳифаҳои он аз лаҳзаҳои ширину талх, шодиву ғам, роҳҳои ҳамвору ноҳамвори зиндагӣ иборат аст. Зиндагӣ барои ҳар фард муқаддасу нотакрор буда, мекӯшад дар ҳама ҳолат онро хушу гуворо ва хотирмон гузаронад.

пайвандгари дӯстии тоҷику ӯзбек То кунун дар мавриди таърихи дӯстиву бародарии содиқонаи мардуми тоҷику ӯзбек хеле зиёд гуфтаанду аз ин бештар ҳам гуфтан сазовор аст. Мардуми тоҷик ва ӯзбек дар мавзӯи дӯстиву ҳамдилӣ, фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ низ аксаран якгуна меандешанд ва арҷгузориҳои ба ҳам монанд низ доранд.

Дар ин матлаб мо атрофи се номинатсияи фарҳангӣ ва маҳсули ҳунармандие, ки асосан ба миллати тоҷику мардуми ӯзбек марбут аст ва ҳамзамон бо ташаббусу пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва чанд кишвари дигар ба Феҳристи фарҳанги ғайримоддӣ ва репрезентивии ЮНЕСКО ворид карда шудааст, ҳарф мезанем. Ин намунаҳои фарҳанги миллатҳо мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро бо ҳам пайванди устувортаре медиҳанд. Аз ҷумлаи унсурҳои фарҳангии муштараке, ки мардуми тоҷику ӯзбекро бештар ба ҳам пайванди ногусатанӣ медиҳанд, таҷлили ҷашни Наврӯз мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз он ҷумла тоҷикон буда, дар тӯли таърих бо ҳамин ном ба фарҳанги халқҳои Осиё, Қафқоз ва Ховари Наздик низ гузаштааст. Тавре ки аз номи он бармеояд, маънои Наврӯз “рӯзи нав” мебошад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ, ӯзбек ва дигар таҳқиқгарони хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманде таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул-боқия” ва “Ат-таҳфим”-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Зайл-ул-ахбор”-и Абулсаиди Гардезӣ, “Ал-маҳосин вал аздод”-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ шоҳ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Бо мақсади дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудан ва ҷашни байналмилалӣ эълом гаштан ҷашни Наврӯз аз ҷониби як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз он ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуд. Дар таърихи 23-юми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии СММ, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Акнун шоиста аст, дар мавриди як унсури фарҳанги мардумии дигар ҳам ҳарф занем, ки мардуми тоҷик ва ӯзбек дар рафти таҷлили ҷашни болозикр онро мавриди истифода қарор медиҳанд. Оши палав махсусан дар таҷлили ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳои мардумӣ, ҳамзамон тӯю маъракаҳо ва дигар намуди маросим ҳамчун хӯроки асосӣ омода ва истифода карда мешавад. Оши палав ба ҳайси маъруфтарин таоми суннатии тоҷикону ӯзбекон як навъ унсури фарҳангсоз ва муттаҳидкунандаи мардум буда, он дар шакли номинатсия соли 2016 дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият сабт шудааст. Ин далели

)3333( 44№ ,1202 илос илюи 22 ,ебнашҷнаП

дуюми собиткунандаи дурустии он андеша аст, ки мардуми тоҷику ӯзбек бо ҳам дӯстиву бародарии хеле ҳам самимона ва решадор доранд. Яке аз намунаҳои дигари санъатҳои муштараки мардуми тоҷику ӯзбек санъати мусиқавии “Шашмақом” маҳсуб мешавад. “Шашмақом” асари мусиқии суннатии халқи тоҷик ва ӯзбек буда, дар миёни мардуми тоҷик аз шаш мақом-Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Ҳар мақом ба тарзи силсилавӣ ва низоми муайян мураттаб шуда, аз навоҳои гӯшнавоз ва суруду таронаҳои дилчасп таркиб ёфта, дорои қоидаҳои махсуси лаҳнию зарбӣ ва шаклбандии ба худ хос мебошанд. Ин шоҳасари безаволи мусиқии суннатӣ дар фарҳанги мусиқии мардуми тоҷик ва ҳамзамон мардуми ӯзбекзабон мавқеи муҳимро ишғол намудааст. Албатта, дар доираҳои фарҳангу санъати мусиқавии мардуми ӯзбек гунаҳои ба мардуми ӯзбек хоси “Шашмақом” роиҷ аст, аммо дар умум ин навъи санъат дар миёни ҳарду миллат тақрибан фарқияту дигаргуние надорад. Асоситарин фарқият дар забони матни сурудҳост, ки яке бо забони тоҷикӣ ва дигаре бо забони ӯзбекӣ сароида мешавад. Ба хотири ҳифз ва нигаҳдошти ин навъи санъати муштараки миллии мусиқӣ соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон “Шашмақом” ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Бо ёдоварӣ ва зикри ин андешаҳо дар мавриди унсурҳои фарҳангиву миллие, ки мардуми тоҷику ӯзбекро бо ҳам мепайванданд, хотирнишон сохтанием, ки риштаҳои дӯстиву бародарии мардуми тоҷик ва ӯзбек бо нахҳои хеле ҳам печдарпечу мустаҳкам танида шудаанд ва ин нахҳо дар худ волотарин ва пуразиштарину гаронтарин торҳоро, ки фарогири фарҳангу тамаддуни муштарак, арзишҳои милливу умумимиллӣ, сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, ҳамдиливу ҳамфикрӣ, ва аҳду паймони бародарӣ мебошад, ҷой додааст. Бо итминон ва умедвории махсус метавон гуфт, ки дӯстиву бародарие, ки дараҷаи хеле баланди устувориро соҳиб аст, то дер пойдору побарҷой ва бенуқс хоҳад монд. Мардуми тоҷик ҳамеша хостори сулҳу амонӣ ва дӯстиву бародарии самимонаву содиқона бо мардуми ӯзбек ҳастанд. Бошад, ки ин дӯстиву рафоқат боис ба он гардад, ки боз ҳам барои ҷомеаи башарӣ пурбаҳотарин ва судмандтарин осори фарҳангӣ ва ғайри онро тақдим намоем ва мардуми ҳарду кишварро барои ҳамеша ду миллати ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамдилу ҳамфикр ва пешрафтаву бунёдкор муаррифӣ намоем. Суннатуллоҳи МИРЗО, Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Вале баъзан ҳолате рух медиҳад, ки онро одамон интизор нестанд. Ҳодисаҳои солҳои 1992-1993 ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз аз хотири онҳое, ки ин рӯзҳоро дидаанд, фаромӯш намешавад. Ман чанд сол дар вазифаи сардори хадамоти давлатии муҳоҷирати вилояти Хатлон кор карда, бо бисёр муҳоҷироне, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ватан баргашта буданд, суҳбат доштам. Яке аз онҳо сокини ноҳияи Вахш Қирғизбек Зокиров хотираҳои худро чунин ёдовар мешуд: «Ба гурезаҳои тоҷик созмонҳои байналмилалӣ кумак мерасонданд. Аз хӯрока, таъминоти зиндагӣ чандон танқисӣ намекашидем. Ба мо танҳо як чиз-Ватан намерасид. Ҳама дар ёди Ватан-Тоҷикистони азиз будем. Мардуми аз ватан дурмонда дар васфи Ватан суруд мехонданд, шеър эҷод менамуданд, бо умед ба тарафи дарё менигаристанд. Давлату дунё ва биҳишти муҳоҷирон дар ин тарафи соҳил монда буд. Субҳ медамид, равшанӣ ҷойи торикиро мегирифт. Дар Камби Сахӣ ва дигар маконҳое, ки муҳоҷирон мезистанд, ҳаёти рӯзона оғоз меёфт. Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ба назди мо омада, аз ҳолу аҳвол мепурсиданд бо маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти барои зиндагӣ зарур таъмин менамуданд. Ҳарчанд барои мо шароити будубош фароҳам буд, аммо ғамгиниву хастаҳолӣ моро тарк намекард. Ин ғами ёру диёр буд, ки муъҷизае рух диҳад ва мо боз худро дар Тоҷикистон бубинем. Дар ин асно садои модаре ба гӯш расида, муҳоҷиронро гӯё ба Ватан мебурд:

Хоки ватанам сурмаи чашмони ман аст, Рӯйи ватанам ойнаи рахшони ман аст. Нури ватанам офтоби тобони ман аст, Меҳри ватанам дар дили ҷӯшони ман аст. Инсони дар ғарибӣ афтода, ба қадри он бештар мерасад. Онҳое, ки гуреза шуда дар Афғонистон ва дигар давлатҳо мезистанд, ҳар рӯз ёди ватани азизро мекарданд. Ин рӯз ҳам расид. Бо ҷаҳду талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба ватан баргаштанд. Одамони дар ёди Ватан, дар ёди ёру диёр, хешу таборбуда қадам ба хоки поку муқаддаси Тоҷикистон гузошта, онро бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат бӯсида, худро орому озод ва хушбахту саодатманд медонистанд. Бӯи ватану хоки диёр ба димоғ расида, ҳаётро моломоли шодиву нишот мегардонид. Аз нав худро хушбахттарин одами сайёра меҳисобидем». ... Мардуми дар ғурбатбуда баъди ба макони зисташон баргаштан бо меҳнати пурсамар кишварамонро ободтар ва ҳаёти хешро хушу хуррамтар мегардонанд. Водии Вахш, ки як замон сӯхтаву валангор гашта, манзараҳои нохуш дошт, имрӯз ба диёри ҳамешабаҳор, сабзу хуррам, биҳишти ҳақиқии рӯйи замин табдил ёфтааст. Мардуми шарафманд ифтихор мекунанд, ки чунин ватани азизу маҳбуб доранд. Б. САЙДАЛИЕВ, “Хатлон”

ТАВАҶҶУҲ: МУЗОЯДАИ ТАКРОРӢ! Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон, оид ба фурӯши амволи аз тарафи иҷрочиён баҳабсгирифташуда: манзили истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи А. Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти “Яккатут”, деҳаи Пушкин, ки аз масолеҳи сохтмонӣ- похсадевор, бо масоҳати умумии 226 м.м, аз ҷумла масоҳати зист 39,28м.м, дар қитъаи замини 1500 м.м ҷойгир шудааст ва ба гаравдеҳ Давлатов Собиржон Забирович тааллуқ дорад, бо кам кардани 15% аз арзиши ибтидоии он, баробар ба 123250 сомонӣ музоядаи такрорӣ эълон мегузаронад. Вақти баргузории музояда: як моҳ баъд аз рӯзи нашри эълон дар рӯзнома, соати 10:00. Шахсоне, ки дар музоядаи оммавии такрорӣ иштирок кардан мехоҳанд, уҳдадоранд ба ҳисоби иҷрочиён дар ҳаҷми панҷ фоиз аз арзиши нархи молу мулк тариқи нақдӣ ё ғайринақдӣ байона супоранд. Маблағи супоридаи шахси дар музояда ғолибомада ба ҳисоби нархи харид дохил мешавад. Хоҳишмандон метавонанд, барои аз назар гузаронидани амволи зикргардида ва гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефони (83222) 3-36-67 ё ба суроғаи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон, воқеъ дар кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон, утоқи кории №32 муроҷиат намоянд. эътибор надорад Шаҳодатномаи ронандагии гумшудаи №443237, гурӯҳи 15, дараҷаи “С”, ки онро соли 2014 Клуби вилоятии варзишӣ-техникии ТҶММ-и шаҳри Бохтар ба Шомуродов Умар Журабоевич додааст, эътибор надорад.


НОЛТАХ

ur.liam@jt.noltahk

Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён. Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рӯи ҷаҳон… Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам, То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон. Дар шеъри «Ишқи Ватан» шоир Ватанро барои худ ҳамчун хонаи умеди халқ ва бахшандаи бахту саодат тасвир кардааст: Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад, дилам, Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад, дилам. Ватанро бинозам, маро дар канор Чу модар гирифту намуд бахтиёр… Ё худ: Қалам бар даст бигирам, ки шеър бинвисам, Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд. Ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои асосӣ ва аввалиндараҷа дар лирикаи Ҳабиб Юсуфӣ мебошад. Шеърҳои дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷодкардаи ӯ аз ҷиҳати ғоя ва шакл барҷаста мебошанд. Аввалин шеъри дар ин давра навиштаи ӯ «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ҳиссиёт ва муҳаббати ба Ватан доштаи халқи моро барҷастатар ифода мекунад. Ӯ дар ин шеъраш, пеш аз ҳама, ба қалами худ, ки рамзи эҷод ва виҷдони ӯст, муроҷиат намуда, онро ба мудофиаи Ватан даъват кардааст: Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ, Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ! То ба душман ҳамла орам, решааш бурӣ зи бех, То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!... Боиси қайд аст, ки бо эҷодиёти давраи ҷангии худ Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёт саҳифаи нав кушод бо номи «Адабиёти давраи ҷанг». Ин иқдомро баъдан шоирону нависандагон давом дода, ба воситаи шеъру андешаҳои худ мардумро ба далерӣ, шуҷоат, ватандӯстӣ даъват мекарданд. Дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ мавзӯъҳои зан, ишқу муҳаббат, манзараҳои табиат, ҳусну зебоии ёр, бо ҷисми нозук, латиф, сурати зебо, чашмони хумору абрӯи сиёҳ ифода ёфта бошад ҳам, волотар аз ҳама, зебогиро дар меҳнат медонад. Ту на он дилбар, ки фахр аз зеби рухсорат кунӣ, Такя бар зебоии рӯи чу гулзорат кунӣ. Ту на он моҳрӯён, ки пеши ошиқон, Ноз бар ширинии лаъли шакарборат кунӣ. Аз тамоми дилбарон болотарӣ аз он ки ту, Нозу фахру такяро бар донишу корат кунӣ. Чуноне ки мебинем, ин шоири ватандӯст ба кадом мавзӯе, ки рӯ оварда бошад, онро бо эҳсоси баланди хештаншиносӣ, дарки баланди мавзӯъ, баёни маънии бикр дар санъати шеъргӯӣ, лафзи ширину забони содаи тоҷикӣ сурудааст. Ш. Хоҷаев, омӯзгор

Ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи «Хатлон»

Лаҳзаҳои хандадори «Хатлон»-иён (Идома аз шумораи №42)

“Тӯёна”- 30 кило биринҷ Дар омади гап саргузашти дигари Ғафурҷонро ёдрас шудан ба мавриду ҷолиб аст. Муҳаррир тӯй дошт. Ӯ ба додарарӯсаш ва ронандаи идора рӯйхати маҳсулоти барои хӯрокпазӣ ва маблағи муайянро дода, барои харид кардан онҳоро ба бозор мефиристад. Ғафурҷонро низ ба онҳо ҳамроҳ мекунад. Ғафурҷон аз фурсати муносиб истифода карда, барои хонааш 30 килограмм биринҷ харида, ба мошин мегузорад. Аз ронанда хоҳиш мекунад, ки биринҷро сари роҳ ба хонааш бурда монад. Ронанда боз чанд супориши дигар гирифта, хоҳиши Ғафурҷонро фаромӯш кард. Ва 30 кг биринҷи Ғафурҷонро низ ҳамроҳи дигар маҳсулоти тӯёна дар хонаи муаллим мефуроранд. Ғафурҷон аз ин вазъият огоҳ шуда, ронандаро мегӯяд, ки биринҷи ӯро баргардонад. -Пасфардо тӯй сар мешавад, ҳоло айб аст, ки аз он ҷо биринҷро барорем. Баъди тӯй ин масъаларо ҳал мекунем,-мегӯяд ронанда. Муҳаррир баъди анҷоми рӯзи корӣ ба хона омада, супоришҳояшро месанҷад. 30 кило биринҷи Ғафурҷонро “тӯёна” пиндошта хурсанд мешавад. Пагоҳии рӯзи дигар муаллим ба кор омада, Ғафурҷонро наздаш мехонад ва барои “тӯёна”-и фиристодааш миннатдорӣ баён мекунад. Ғафурҷон наметавонад гӯяд, ки онро ронанда саҳван ба тӯйхона бурдааст...

Гиряи рӯзноманигор...

рӯзномаи вилоятии русзабони “Курган-Тюбинская Правда” (ҳозира “Новый Хатлон”), ки дар як бино ҷойгир будем, ба суҳбати мо ҳамроҳ мешуд. Рӯзе пиразани рус барои шикоят ба рӯзнома омад. Аризаашро ба Бахтиёр расонда, аз бемасъулиятии трести хонаҳои шаҳр, ки таъмири хонаҳои баландошёнаи истиқоматии сокинон дар тавозуни онҳо буд, шикоят намуд. Гуфт, ки дар он ҷо ба додаш касе намерасад, деворҳои ҳуҷрааш нам ва шӯра гирифта, хоки он пайваста мерехтааст. Бахтиёр баъди хомӯшии тӯлонӣ якбора ба гиря даромад. -Писарам, ба ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ?-хотирпарешон пурсид кампир. -Аз он ки илоҷи ба шумо кумак кардан надорам,-фаҳмонд Бахтиёр. -Аз бемасъулиятии масъулони трест мақолаи танқидӣ нависед, кифоя,ӯро ором карданӣ шуд кампир. -Фоида надорад,бибиҷон,-посух дод Бахтиёр.-Бинои идораи мо низ таъмирталаб шудаю чи чора ки замин сахту осмон баланд аст. Як ба сақфи бино нигаред... Кампир ба сақфи утоқи корӣ нигарист. Он фарсуда ва ҳар ҷо-ҳар ҷояш канда шудаю нам гирифта, кас гумон мекунад, ки ҳозир арш ба фарш фурӯ меравад. -Худоё, ман ба куҷо ва ба кӣ арзкунӣ омадаам, мебинам шумо, бечораҳо, худ ба кумак эҳтиёҷ доред,-гӯён пиразан аз идора баромада меравад... (Идома дорад)

Дар соатҳои фориғ аз кор дар шуъбаи умумӣ, ки зали калонро мемонд, ҷамъ шуда, суҳбати дӯстона мекардем. Бахтиёр Ашӯров, корманди

С. АТТОР, «Хатлон»

Дар вақти дамгирӣ

»нолтаХ« иамонзу- Р

4

-

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад, дилам...

Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар гузари Боғи майдони собиқ қитъаи Хайрободи шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми техникуми омӯзгории мардонаи тоҷикии шаҳри Самарқанд соли 1935 дар мактабҳои миёна аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба толибилмон дарс медиҳад. Баъди хатми мактаби олӣ соли 1940 ба шаҳри Душанбе меояд ва дар Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ходими илмӣ ва тарҷумон адои вазифа менамояд. Ҳамчун донандаи хуби забони русӣ дар як муддати кӯтоҳ асарҳои Пушкин ва Лермонтовро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ба сафи Армияи Шӯравӣ даъват мешавад. Дар омӯзишгоҳи ҳарбии минамётии шаҳри Пенза техникаи ҳарбиро хуб омӯхта, сипас, ӯро бо рутбаи лейтенанти хурд ба хатти пеши фронт - ба ҳимояи Ленинград мефиристанд. Шоири ҷанговар дар муҳофизати шаҳри Ленинград, озод намудани соҳили Балтика ва Полша иштирок намуда, барои шуҷоат ва мардонагӣ бо ордени «Ситораи Сурх» ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» сарфароз гардидааст. Вале чашидани шаҳди рӯзи Ғалаба муяссараш намегардад. 15 феврали соли 1945 ҳангоми озод намудани деҳаи Вешкуви назди Варшава аз тири фашистони манҳус ба ҳалокат мерасад. Бо вуҷуди умри кӯтоҳ Ҳабиб Юсуфӣ аз худ осори гаронбаҳое дар ҷодаи ватандӯстӣ боқӣ мондааст, ки бешак, барои ҷавонон дарси ибратбахш мебошад. Соли 1939 ба табъ расидани аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ «Таронаи Ватан» шуҳрати ӯро зиёд ва сазовори эътирофи умум гардонидааст. Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон, Дил барои меҳри ту, ай меҳри ман, бошад макон. Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест,

noltahk_iamonzur@

Як маъни- бо чахор далел

Ба муносибати 105-солагии Ҳабиб Юсуфӣ

Дар адабиёти аҳди Шӯравии тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ ҳамчун шоири навовар, ҷанговар ва ватандӯст маълум ва маъруф гардидааст. Шеърҳои эҷодкардаи ӯ аз ҷиҳати ғоя ва шакл баланду барҷаста мебошанд. Як қисм шеърҳои ӯ дар пайравӣ ба шеърҳои шоири рус В. Маяковский навишта шудаанд.

noltahk_iamonzur@

Чаҳор калима аст, чаҳор подшоҳ пардохтаанд, ки гӯё як тир аст, ки аз чаҳор камон андохта. Кисро гуфтааст: «Ҳаргиз пушаймон нашудам аз он чӣ нагуфтаам ва басо гуфта, ки аз пушаймонии он дар хоку хун хуфтаам». Хомӯш нишин, ки ҷамъ нишастан ба хомӯшӣ, Беҳтар зи гуфтане, ки парешонӣ оварад! Аз сирри сарбамуҳр пушаймон нашуд касе, Бас фош гашта сир, ки пушаймонӣ оварад. Қайсар фармудааст: «Қудрати ман бар ногуфта беш аз он аст, ки бар гуфта, яъне он чӣ нагуфтаам, битавонам гуфт ва он чӣ гуфтаам, натавонам нуҳуфт». Ҳар чӣ ифшои он бувад душвор, Бар ҳарифон магӯ ба осонӣ. К-он чӣ дорӣ нуҳуфта, битвон гуфт, В-он чӣ гуфтӣ, нуҳуфт натвонӣ!

Зухраи хуфта -

)3333( 44№ ,1202 илос илюи 22 ,ебнашҷнаП

р ш а н и м у - 0 9 и ло С

Д

ар Италия дар наздикии шаҳраки роҳсозон тобути сангини қадим дарёфт к арданд. Вақте ки экспертҳо тобутро кушоданд, дар он ҷасади духтарчаро дида, ангушти ҳайрат газиданд. Пас аз тадқиқотҳо, ба хулосае омаданд, ки тобути нақшунигорӣ бо «Зуҳраи хуфта» дар зери замин 1 ҳазору 800 сол хобидааст. Дар таърихи ҳафриётчигии Италия ин бозёфти дуюм мебошад. Чунин бозёфти нодир ҳанӯз соли 1485 ёфт буд, ки ба давраҳои

Ҳоқони Чин дар ин маънӣ сухан чунон рондааст, ки бисёр бошад, ки парешонии гуфтан сахттар бошад аз пушаймонии нуҳуфтан. Ҳар сирри сарбамуҳр, ки аз хотир афтадат, Суръат макун ба лавҳи баёнаш нигоштан. Тарсам, шавад ғаромати изҳори он туро, Мушкилтар аз надомати пӯшида доштан. Малики Ҳинд бад-ин нукта забон кушодааст, ки ҳар ҳарф, ки аз забон ҷастааст, дасти тасарруфи маро аз худ бастааст ва ҳар чӣ нагуфтам, молики ӯям, агар хоҳам, бигӯям ва агар хоҳам, нагӯям. Бихрадеро зи рози фошу ниҳон, Масале нек бар забон рафта. К-ин чу тирест монда дар қабза, В-он чу тирест аз камон ҷаста. Аз “Баҳористон”-и Ҷомӣ

қадим тааллуқ дошт. Ин воқеа дар китоби таърихшинос Якоб Бурхард «Таъсисёбии маданияти Италия» дарҷ ёфта, гӯё тобути нигорин духтари Ситсерон бошад. Бозёфти нав бошад, нисбат ба аввала боз ҳам аҷибтар аст. Абрӯ, милки чашмон, бинӣ намуди худро тағйир надодааст. Аз даҳони нимпӯши духтарча дандонҳои мисли садафаш намоёнанд. Синни «Зуҳраи хуфта»-ро тахминан ҳафтсола ё даҳсола мегӯянд. Маълум карда шудааст, ки маҳлули дарахти эвкалипт асоси ин мумиё мебошад. Ҳоло «Зуҳраи хуфта» барои тамошо дар яке аз музейҳои Италия гузошта шудааст.

Чаро илм аз мол афзалтар аст? Илм чашмаест, ки ҳеҷ гоҳ хушк намешавад. Шахсе, ки бо заҳматҳои зиёд шабу рӯз дар такопӯи илмомӯзӣ аст, Худованд ӯро хору зор намекунад. Бобоёну падаронамон ҳам, ки панду насиҳатҳояшон зиндагиомӯз аст, таъкид бар он мекарданд, ки ба умеди молу ҳол нагардида, соҳиби илм ва касбу ҳунар бошем. Чунки пулу мол чирки даст аст, ё ки фоидаи ғоратгаре. Агар соҳиби илму ҳунар ва касб бошем, хор нахоҳем шуд. Илмро ҳеҷ кас гирифта наметавонад ва соҳиби он шарафманду бологузар аст. Дар ин хусус, андешаву ривоятҳо зиёданд: Нависандаи рус Чернишевский, ки шахсияти олидараҷаи илм буд, овардааст: «Ҳар қадар, ки илмро бештар фаро гирӣ, онро ҳамон қадар дӯст хоҳӣ дошт». Аз Ҳазрати Алӣ пурсиданд: “Илм бо кадом хусусиятҳо аз мол зӯртар аст?” Гуфт: - Илм мероси пайғамбарон аст, мол бошад, мероси Қоруну Фиръавн. - Илм инсонро ҳимоя мекунад, молро бошад, ту ҳимоя мекунӣ. - Илм ба соҳибаш дӯст зиёда мекунад, мол бошад, душман. - Соҳиби молро бахил мегӯянд, соҳиби илмро эҳтиром мегузоранд. - Илмро дузд бурда наметавонад, молро бошад, дузд мебарад. -Илм соҳибашро ба бандагии ҳақиқӣ даъват мекунад, мол бошад, ба хасисию бахилӣ, ки оқибаташ гунаҳкорист.

Занҳо...

Занҳо ҷинси латифанд, пирӣ надоранд. Хизмати занон бузургтар аз он аст, ки мардон дӯсташон медоранд. Замоне занро мавриди хариду фурӯш қарор медоданд, вале меҳрашонро не. Зан мунаққиди нохондаи шавҳар аст. Занҳо гуланд, мегӯянд. Барҳақ: гулест, ки ҷумла гулҳоро мафтун кардааст. Занон барои он мард меофаранд, ки онҳоро аз шару бад нигаҳбон бошад.

Ин аҷиб аст

Нақби куҳнатарини дунё нақби зери дарёи Ефрат мебошад. Дарозии он 1 километр буда, 4 ҳазор сол боз вуҷуд дорад. *** Магар шаҳрҳое, ки ҳамагӣ аз як ҳарф иборатанд, вуҷуд доранд? Маълум мешавад, ки ин хел шаҳрҳо ҳастанд. Масалан, шаҳри «И» ки дорои 208 нафар аҳолист дар Франсия, шаҳри «У» дар Кореяи Ҷанубӣ ва инчунин шаҳрчаи моҳигирон бо номи «А» дар Норвегия вуҷуд дорад. *** Аз ҳама ҳодисаҳои зарарноктарини таби-

ии олам-обхезӣ 40%, бодҳои сахти тропикӣ 20% ҳисобида шудааст. 15%-ро заминҷунбӣ ва хушксолӣ ишғол мекунанд. *** Сотсиологҳои Япон тарзи таъзимкунии анъанавии худро чунин муайян кардаанд: хизматчии одӣ ба сардор аз рӯи кунҷи 450, ҳамкорон ба ҳамдигар фақат 150 хам шуда, салом мекунанд. Харидор ба савдогар аз рӯи кунҷи 300 бояд таъзим кунад. Гирдоваранда Ш. Раҳимзода

Шифохонаи табиат

-Мулло, Шумо боз хубтар медонед, бигӯед, ки биҳишт калон аст ё дӯзах? Марди қарздор: -Биҳишт хурд аст, зеро одамони худотарсу пок камтаранд. Дӯзах калон аст, ба он хотир, ки одамони беимону дурӯғгӯ, қаллобу фиребгар зиёданд. Марди қарздода: -Дар як деҳаи хурдакак шуморо ёфта наметавонам, ёбам ҳам имрӯз-пагоҳ гуфта қарзро барнагардонида истодаед. Пас дар он дунё ман аз як биҳишти хурдакак баромада, дӯзах ба дӯзах шуморо кофта гардам-мӣ?

*Зардолу аз меваҷотест, ки дар таркибаш витаминҳои зиёди А,В,С-ро дорост. Истеъмоли зардолу барои бемориҳои дил, бахусус бемории сактаи қалб муфид мебошад. Давобахшиаш барои наврасону пиронсолон, шахсони камхуну камқувват зиёдтар аст. *Ҷуворимакка ҳамчун зироати дорои хосияти табобатидошта дар илми тиб маълум аст. Чойи пупаки он ҳамчун пешоброн, талхарон барои бемориҳои санги гурда, илтиҳоби ҷигар ва талха давои беҳтарин аст. Ҳамчунин, хосияти боздошти хунравиро дорад. Равғани ҷуворимакка барои кам кардани сатҳи холестерин дар хун беҳтарин давост. *Ширинбия гиёҳест, ки аслан дар кӯҳу пуштаҳо мерӯяд. Дар тибби халқӣ решаашро ҳамчун даво истифода мебаранд. Решаи онро тирамоҳ ҷамъоварӣ намуда, майда карда, дар соя мехушконанд. Сипас, аз он чой дам карда, барои рафъи боди шикам нӯшидан мумкин, ҳамчунин хосияти зиддиилтиҳобии узвҳои ҳозима, роҳҳои нафас, буғуму торҳои асаб, қавси шикам, решу илтиҳоби меъдаю рӯдаро дорад.

Зани якум: -Имшаб ҳамсоязан чизе хӯрда, заҳролуд шуда, ба беморхона афтидааст. Зани дуюм: -Ин мор, ба фикрам, забони худаша газидааст!

« ХАТЛОН »

МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Дар рӯзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешӣ матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рӯзнома метавонад бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро бар дӯш нагирад. Матолиби муаллифони беруна дар шакли электронӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 қабул карда мешавад. Ба саҳеҳии далелу арқоми эълону матлабҳои дорои хусусияти тарғиботию рекламавӣ идораи рӯзнома ҷавобгӯ нест. Дастнавису суратҳо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд.

Сармуҳаррир Носирҷон МАЪМУРЗОДА

web: www.khatlon-ruznoma.tj / e-mail: khatlon.tj@mail.ru

Соли 90-уми нашр

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/ рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Рӯзнома дар чопхонаи «Матбааи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар ба табъ расидааст. Сифати чопи рӯзнома ба дӯши матбаа аст. Ба чопаш 22.07.2021 иҷозат дода шуд. Адади нашр: 9572 нусха.

Навбатдор: Саттор ҚАРАХОНОВ

Нишонии мо: шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов - 12. Телефонҳо - сармуҳаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, шуъбаи эълону реклама: 2-47-14 Индекси обуна: 68896

Тарроҳ: Умед МИРЗОЕВ


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Рӯзномаи Хатлон шумораи №44-22.07.2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu