Skip to main content

Шумораи №40-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №40 (3276)

ЧОРШАНБЕ, 26 августи соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru Хушхабар

ЌАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОЊАИ ТАНДУРУСТЇ Бахшида ба Рўзи кормандони соњаи тандурустї ва солгарди бузургтарин чењраи илми тиби Шарќ - Абўалї ибни Сино Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо кормандони соњаи тандурустии мамлакат мулоќот намуд ва бењтаринњои соња ба туњфа ќадрдонї гардиданд. Њабиба Холова, дастурдињандаи тиббии гурўњи 3-юми Дастаи махсуси зудамали наљотдињии Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон, яке аз онњост, ки бо Ифтихорномаи Љумњурии Тољикистон сарфароз гардид.

«Заргар»-и ноњияи Кўшониён таваллуд шудааст. Соли 2012 коллељи тиббии шањри Бохтарро хатм намуда, худи њамон сол дар Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон ба кор даромад. Айни замон ў ба њайси дастурдињандаи тиббии гурўњи 3-юми Дастаи махсуси зудамали наљотдињии Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон фаъолият дорад. Њабиба Холова пеш аз ин бо медали 25-солагии таъсисёбии Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї ва Ифтихорномаи раиси Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ќадрдонї шудааст. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

Њабиба Холова 14 январи соли 1984 дар мањаллаи “Њосилот”-и Љамоати дењоти

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

25 августи соли 2020 дар доираи сафари корї Сарвазири Љумњурии Тољикистон Ќоњир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар шањри Кўлоб аз рафти иншоотњои љашние, ки бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мавриди бунёд ќарор ёфта истодаанд, дидан намуданд. Аз љумла, зимни боздид мењмонон аз рафти сохтмони бинои маъмурїтаълимї, хобгоњ барои донишљўён

ва хонаи истиќоматї барои омўзгорони Донишкадаи технологї ва менељменти инноватсионї, фаъолияти ЉСК «Сомон - Кўлоб таљњизот», азнавсозии бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб, бинои бисёрошёна, китобхона, кинотеатр, намоишгоњ, маркази хизматрасонии фарњангї ва мењмонхонаи миллї, аз фаъолияти идораи обу канализатсияи шањр ва насби 2 адад насоси ЦН 400/200 ва 1 адад Д-1250/210, рафти корњои сохтмонї дар бинои истиќоматї барои хизматчиёни давлатї, сохтмони бинои Маркази ташхиси бехатарии озуќаворї дар минтаќаи Кўлоб, рафти таъмири марњилаи сеюми роњњои дохилишањрї, сохтмони бинои нуњошёнаи хобгоњи донишљўёни коллељи тиббї барои 700 љой шиносої пайдо намуданд. Сарвазири мамалакат ба масъулон таъкид доштанд, ки иншоотњои мазкур бо сифати баланд сохта ба истифода дода шаванд, то солњои зиёд ба мардум хизмат намоянд. Умед МУРОДОВ

Сокини дењаи “Сарвати Истиќлол”-и ноњияи Кўшониён Обид Юсупов дар 0,27 гектар замини наздињавлигї 6 гармхона ташкил намудааст, ки њамасола аз онњо њосили фаровон мегирад. Имсол кадбонуи ин хонадон аз мањсулоти рўёнидаи худї зиёда аз 400 зарф хўришњои гуногун ва анвои мухталифи мураббо захира намудааст.

ИСТИФОДАИ ОЌИЛОНАИ ЗАМИН - ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСУБОТ Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода зимни боздид аз замини наздињавлигии Обид Юсупов ба ў барои мењнати арзандааш тањсин хонд. Обид Юсупов бо вуљуди он ки барќчї мебошад ваќт ёфта замини наздињавлигиашро самаранок истифода мебарад. Дар гармхонањояш помидор, ќаланфури булѓорї, боимљон, лўбиё, маккаи дон ва дигар намуди сабзавот мекорад. Дар ќисмати дигари замини наздињавлигї ў боѓ бунёд кардааст, ки дар он дарахтони шафтолу, анљир, хурморо барои ањли оила парвариш менамояд. Ба гуфти номбурда, имсол аз фурўши њосили якуми бодиринг ба маблаѓи беш

ИФТИТОЊИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМЇ Дар расми кушодашавии бинои иловагии муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №3 дар дењаи Мењнатободи Љамоати дењоти "Мењнатобод"-и ноњияи Кўшониён раиси вилоят Ќурбон Њакимзода иштирок дошт. Иттиллоъ дода шуд, ки бинои асосии муассисаи мазкур соли 1976 барои 960 хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Алъон дар муассисаи мазкур 1807 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда, ба онњо 80 нафар омўзгорон дарс медињанд. Муассиса дорои 38 синфхона, толори варзишї, толори маљлисгоњ ва ду майдончаи варзишї мебошад. Бинои иловагї дар муассисаи мазкур дар асоси наќшаи чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Кўшониён бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо 4 синфхона ва роњрави дохили бино барои 120 хонанда бунёд гардид. Ин тарњ бо дастгирии соњибкорони мањаллї Мањмадалиев Рустам, Тешаев Мањмуд, Абдурањимов Сорбон, Илёсов Умед, Давлатов Дилшод ва кумитаи падару модарон ба маблаѓи 142 њазор сомонї сохта шудааст. Синфхонањои иловагї барои хонандагони синфњои ибтидої бо шароити зарурї таъмин гардидааст. Дар соли тањсили нав ба муассисаи таълимї

207 нафар кўдакон ба синфи якум ќабул карда шудааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба соњибкорону дастандаркороне, ки дар бунёди бинои нави таълимї сањм доранд, аз номи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон миннатдорї баён намуд. Ќайд гардид, ки бояд дар шароити имрўза падару модарон ва омўзгорон љињати тарѓиби тарзи њаёти солим, риояи гигиенаи шахсї, баланд бардоштани маърифати тиббии фарзандон тадбир андешанд, зеро саломатии миллат, хусусан кўдакон, бойигарии давлат аст. Ќурбон Њакимзода устодону шогирдонро бо ифтитоњи бинои нави таълимї шодбош гуфта, барояшон соли тањсили бобарор таманно кард. Њ. ИСМАТ, «Хатлон»

аз 20 њазор сомонї даромад гирифтанд. Айни замон дар гармхонањо њосили дуюми бодиринг ва помидор нашъунамои хуб дошта, барои таъмини бозор бо ин навъи сабзавот омода гардидаанд. Бодирингњои гармхона аллакай дубарга шудаанд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ин амали Обид Юсуповро барои дар амал татбиќ намудани даъвати Пешвои миллат ва истифодаи самарабахши ќитъаи замини наздињавлигї љињати захираи маводи ѓизої намунаи ибрат хонда, ба ин хонавода туњфа таќдим намуд.

26-уми декабри соли 2019 Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатї ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон чунин гуфт: «Аз 1-уми сентябри соли 2020 музди мењнати кормандони маќомоти њокимият ва идоракунии давлатї, муассисањои маориф, илм, фарњанг, варзиш, тандурустї, соњаи њифзи иљтимої ва дигар ташкилоту муассисањои буљетї, инчунин, стипендияи донишљўён ва дигар намудњои стипендия 15 фоиз зиёд карда шавад». Рољеъ ба баландшавии музди мењнат кормандони ташкилоту муассисањо ва донишљўён ба таври зайл ибрози андеша намуданд:

БАЛАНДШАВИИ МУЗДИ МЕЊНАТ-ЃАМХОРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Олимљон ШАРИФЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноњияи Хуросон: -Боиси хушнудист, ки њамасола Роњбари давлат дар Паёми худ ба Маљлиси Олї ба фаъолияти кормандони соњањои гуногуни кишвар таваљљуњ зоњир намуда, бањри њавасмандгардонї ва расидан ба зиндагии шоиста маоши хизматии онњоро баланд мебардорад. Хусусан, баландшавии музди мењнати кормандони соњаи маориф моро хушнуд намуд. Зеро њавасмандгардонї ва баланд бардоштани маоши омўзгор дар боло рафтани сатњу сифати тањсил таъсири мусбї мерасонад. Ин љо метавонем литсейю гимназияњои хусусиро мисол биорем, ки омўзгорон маоши хуб мегиранд ва сифати тањсил низ дар сатњи баланд аст. Боварї дорем, ки бо баландшавии маоши кормандони муассисањои таълимї сатњи дониши насли наврас боз њам хубтару бењтар мешавад. Њабибулло КАРИМОВ, собиќадори соњаи тиб: - Сифати хизматрасонии

тиббї сол аз сол боло меравад. Ин, албатта, нишонаи он аст, ки дастгирињои давлату Њукумат нисбати ин соња ва кормандони соњаи тиб бењтар мегардад. Њар соњае, ки мавриди таваљљуњ ва дастгирї ќарор мегирад, он пешрафт мекунад. Хушнуд аз онем, ки дар сиёсати имрўзаи Сарвари давлат соњаи тиб дар яке аз љойњои аввал меистад. Баландшавии маоши кормандони соњаи тиб ѓамхории навбатии Пешвои миллат нисбати кормандони ин соњаи муњим мебошад. Илова ба оне, ки аз моњи сентябр маоши кормандони соњаи тиб баланд бардошта мешавад, инчунин, барои сањми шабонарўзї, мењнати софдилона дар мубориза бо бемории њамагири коронавирус бо дастури Президенти мамлакат маоши кормандони соњаи тиб то андозае баланд бардошта шуд. Чунин ќадрдонї мо-кормандони соњаи тибро водор месозад, ки дониши касбии худро боз њам боло бардошта, ба мардум содиќона хизмати тиббї расонем. Омодасоз Суњроб АЗИЗОВ

ТО ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН 46 РЎЗ МОНД

ХАТЛОН. КОНФЕРЕНСИЯИ ЊХДТ БО БАРРАСИИ МАСЪАЛАЊОИ МУБРАМ БАРГУЗОР ГАРДИД 21-уми август дар Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар конференсияи 13-уми Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки 350 вакил, собиќадорони њизбу мењнат, фаъолони сохторњои давлатию љамъиятї ва доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид. Ќурбон Њакимзода, раиси вилояти Хатлон, Хайринисо Юсуфї, муовини Раиси ЊХДТ, Сафарзода Бахтовар, раиси фраксияи ЊХДТ дар Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Исмоил Шафиев, раиси Шўрои собиќадорони назди Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон шомили њайати кории раёсати конфронс буданд. Аз шумораи умумии вакилон 111 нафар бонувон (31%), 35 нафар љавонони аз 18 то 30-сола (9,7%) буда, 168 нафар бори аввал интихоб шудаанд. Аз рўйи масъалаи якуми конференсия – омодагї ба интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон раиси КИ ЊХДТ дар вилоят Миралиён Ќиёмиддин маърўза карда, аз љумла, зикр кард, интихобот њамчун институти људонопазири демократия аз шањрвандон фаъолнокї талаб намуда, пулеро мемонад, ки байни љомеаи шањрвандї ва маќомоти њокимияти давлатї ба сифати пайвандгари марому маќсадњо сохта шудааст. “Барои мо – сокинони аз љанги тањмилии шањрвандї азияткашидаи вилояти Хатлон бисёр муњим аст, ки аз гузаштаи начандон дури худ сабаќ омўхта, душманро аз дўст фарќ карда, ба њар гуна найрангу дасисањо бовар накарда, ояндаи дурахшонро зери ливои пояндаи Њизби Халќии Демократии Тољикистон тањти роњбарии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон якљоя созем. Зеро мањз мо – насли њамин даври њаётро рисолати созандагї, бунёдкорї ва ободкорї пеш омадааст. Дар ростои созандагии ЊХДТ месазад, ки аз дастовардњои Раиси муаззами он муњтарам Эмомалї Рањмон дар давраи аз интихобот то интихобот ёдовар шуд. Њамин тариќ, дар давраи солњои 2013-2020 маљмўи мањсулоти дохилї 171,1% афзоиш ёфта, ба 78 миллиард сомонї баробар шуд. Сатњи камбизоатї аз 38% то 27,5% коњиш ёфт. Музди мењнат, њадди аќал аз 200 сомонї ва нафаќа аз 105 сомонї мутаносибан то ба 620 сомонї ва 207 сомонї баланд гардиданд. Маљмўи мањсулоти кишоварзї аз 17 миллиард сомонї то 27,7 миллиард сомонї ва маљмўи мањсулоти саноатї аз 9,7 миллиард сомонї то 27,5 миллиард сомонї, яъне 283% зиёд гардид ва истењсоли ќувваи барќ бо бакордињии иќтидорњои нав аз 16 миллиард то ба 20 миллиард кВт/ст расонида шуд. Њамин нишондињандањои хуби макроиќтисодї аст, ки њизби мо ба њайси њизби созанда ва халќпарвар миёни мардум маъруфияти зиёд дорад”, – афзуд Ќиёмиддин Миралиён. Сипас, вобаста ба масъалаи болозикри конференсия, хидматњои таърихии Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон ва татбиќи њадафњои созандаи ЊХДТ якчанд аъзои фаъоли њизб, ки аксаран љавонон буданд, суханронї карданд. Онњо ихтироъкори

муваффаќ, омўзгор, табиб, олим, фарњангшинос ва сиёсатмадор муаррифї шуданд. Хайринисо Юсуфї, муовини Раиси ЊХДТ, дар атрофи масъалаи дувуми конференсия – интихоби вакилон ба анљумани 14-уми ѓайринавбатии Њизби Халќии Демократии Тољикистон, ки тасмим аст, 3-юми сентябри соли љорї гузаронида шавад, андешањои љолиб ироа кард. Оид ба наќши њизб дар љодаи татбиќи њадафњои олии дорои моњияти миллї ва њамзамон, рисолати минбаъдаи он, аз љумла чунин гуфт: «Радикализм ва терроризму экстремизм, хатарњои техногенї, пањншавии беморињои сироятї, ки паёмади онњоро башарият ба наќди љон эњсос мекунад, моро водор месозад, дар роњи њалли мушкилоти глобалї низ бо роњи маърифатандўзиву назокатмандї ва албатта, худдифої сањми шоиста гузорем. Љињати татбиќи дастуру њидоятњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ва ѓояњои созандаи њизб пешсаф ва намунаи ибрат будан аз заруриёти дигар аст». Ќурбон Њакимзода, раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иљроияи марказии ЊХДТ, аз фаъолияти босамари аъзои њизб, афзоиши љонибдорони он, иштироки њизбиён дар њаёту фаъолияти иљтимоиву иќтисодии вилоят ёдовар шуд. Вай гуфт: “Кумитањои иљроияи њизб бо шароити лозимии моддию техникї таъмин гардида, пайваста барои рушди имкониятњои иттилоотї, бахусус истифода намудан аз технологияњои муосир талош доранд. Азбаски дар аксар маврид душманони миллат пањлуи заифи њар як дастоварди моро мељўянд, фаъолони љомеа, аз љумла, аъзои ЊХДТ-ро мебояд, ки беш аз пеш фаъол бошанд, ба њар як сангафкании иѓвоангезон вокуниши сареъ ва сазовор нишон дода, њамрадиф, тараќќиёти кишварро боз њам возењтар муррифї кунанд”. Дар идомаи конференсия љињати боло бардоштани маќоми бонувон дар љомеа маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои Ќурбон Њакимзода аз љониби роњбарияти Кумитаи иљроияи марказии њизб бо дипломи дараљаи 3-и нахустозмуни байнисоњавии њизб ва ифтихорнома ќадр карда шуд. Ин нињод аз љињати зиёд будани бонувони хизматчии давлатї дар байни 80 маќомоти давлатї ба ин маќом мушарраф гардид. Баъдан, ба кормандони фаъоли кумитањои иљроияи њизб дар шањру навоњї ва аъзои пешоњанге, ки барнома ва њадафњои њизбро ба таври муассир татбиќ карда истодаанд, њудуди 40 сипосномаи кумитањои иљроияи марказї ва вилоятии Њизби Халќии Демократии Тољикистон супурда шуд. Дар интињо вакилони конференсия аз рўйи масъалањои баррасигардида ќарорњои дахлдор ќабул карданд. Њангомаи ИСМАТ


2

ХАТЛОН

ЧОРШАНБЕ, 26 августи соли 2020, №40 (3276)

Ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

ЁВОН. ПЕШРАВИЊО ДАР ДАВРОНИ СОЊИБИСТИЌЛОЛЇ Ноњияи Ёвон яке аз марказњои муњими саноативу кишоварзии Тољикистон буда, сањми кормандони корхонањо ва кишоварзони ноњия дар таъмини наќшањои дурнамои пешрафти давлат ва фаровонии дастархони мардуми кишвар хеле назаррас аст. Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН

НЕКУАЊВОЛЇ АЗ МУВАФФАЌИЯТЊО Саидзода Љамшед Њамро, раиси ноњия Дастовардњои Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар давоми 29 сол собит намуд, ки эњёкунандаи суннатњои оламшумули миллат аст. Ноњияи Ёвон чун дигар минтаќањои кишвари азизамон дар давоми солњои соњибистиќлолї ба њаде тараќќї карда иќтидорашро афзун намудааст, ки назири онро сокинонаш ёд надоранд. Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њангоми мулоќот бо фаъолони вилояти Хатлон ва ноњияи Ёвон 22 апрели соли 2016 зимни ба корандозии корхонаи истењсоли вараќањои гаљкартонї бо назардошти таъсисёбии корхонањои солњои охир бунёдгардида ва корхонањое, ки солњои оянда дар њудуди ноњия сохта мешуданд, бо мењр ќайд намуданд: “ Ба шарофати ба кор оѓоз кардани корхонањои ба наќша гирифташуда ноњияи Ёвон соли љорї ба яке аз марказњои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад”. Воќеан њам, ин њидояти Роњбари давлат амалан татбиќ шуд ва њаљми маљмўи мањсулоти саноатии дар ноњия тавлидшаванда аз њаљми мањсулоти кишоварзии он зиёд гардид, дар натиљаи тадбирњои амалигардида њазорњо љои корї муњайё, сатњу сифати зиндагии сокинон бењтар шудааст. Тайи солњои соњибистиќлолї дар ноњия сохта ба истифода дода шудани 6 корхонаи коркарди пахта, корхонањои истењсоли мањсулоти сохтмонї, равѓан ва нонию ќаннодї, “Намаки Ёвон”, “ Комрон Агро Холдинг”, корхонаи муќтадири “ Хуаксин Ѓаюр семент”, фабрикаи љўроббарории “Вањдат”, фабрикаи мурѓпарварии “Бењамто”, корхонањои “Хуаљиан Ѓаюр Индастриал”, “Криолит”, “Љунгстай Моњир семент”, ќитъаи роњи оњани Вањдат – Ёвон, дањњо коргоњи саноатии хурду миёна, 16 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї, 29 бинои нави таълимї, муассисањои тиббї ва иншооти зиёди фарњангию маишї, тиљоративу хизматрасонї барои баланд гардидани сатњи некуањволии ањолї ва иќтисодии ноњия таъсири мусбат гузошт. Пешрафту шукуфоии ноњия, таѓйироти куллї дар њаёти иљтимоию иќтисодии ањолї ва болоравии сатњи маърифати мардум аз љумлаи мевањои шањдбори Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошанд. Яке аз пањлуњои муњими њаёти иќтисодї ва иљтимоии мамлакат, пеш аз њама, иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи буљет” мебошад. Наќшаи даромади буљаи мањаллї, ки асоси зиндагии осоиштаи сокинон дар шаш моњи соли равон аст, то 109% таъмин гардида, ба љойи 94700 њазор сомонї ба буљаи мањаллї 103600 њазор сомонї ворид гашт, ки аз наќша 8900 њазор сомонї зиёд аст. Саноати ноњия низ дар айни рушду нумў мебошад. Агар дар даврони Шўравї 5 корхонаи саноатї амал мекарда бошад, њоло ин шумора ба 40 адад расидааст. Паси ин раќамњо набзи зиндагии осудањолонаи сокинон ва саноатчиён њис мегардад. Заводњои сементбарории “Хуаксин Ѓаюр семент”, “Љунгстай Моњир семент” дар нимсола ба хориљи кишвар 316 њазору 511 тонна семент содирот намуданд ва ин амал дар оянда низ давом дода мешавад. Дар назар аст, ки минбаъд аз њисоби фабрикаи дўзандагии “Вањдат” содироти дастпўшакњои коргарї, либосњои тагпўши кўдакона ва фабрикаи мурѓпарварии “Бењамто” содироти мањсулоти мурѓиро ба хориљи кишвар ба роњ мемонанд. Соњибкорони инфиродї низ дар пешрафти саноати ноњия њисса мегузоранд. Аз љумла, С. Илёсов коргоњи истењсоли бомпўши тунукагин, Н. Рустамов ва А.Тилабов коргоњи баровардани хиштњои сементиро ба роњ мондаанд, ки 6 љойи кори доимиро дороянд. Дар давраи пањншавии пандемияи коронавирус корхонаи “Тољикхимпром” ба кор андохта шуд ва дар як муддати кўтоњ 258 тонна оњаки хлордор истењсол намуд. Мањсулоти истењсолшуда барои пешгирии бемории коронавирус пешкаши сокинони мамлакат гардид. Њамчунин, дар њамин самт дар коллељи технологї - фармасевтї ва фабрикаи дўзандагии “Вањдат” ба дўхтани ниќобу хилъатњои тиббї шурўъ намуданд. Корхонаи “Муаллими Файзалї” бошад, истењсоли кислороди тозаро ба роњ монд. Аз њисоби ин корхонањо ва соњибкорони инфиродї 26400

дона ниќобњои тиббї, 316 љуфт либоси махсуси тиббї ва 298 балони кислороди тоза пешкаши шањрвандон гардид. Дар даврони соњибистиќлолї симои маркази ноњия ва љамоатњои шањраку дењот ба куллї таѓйир ёфт. Дар ноњия як бинои 6 ошёнаи истиќоматї, 3 коргоњи истењсолї, муассисаи тањсилоти умумии №80 ва №81, коллељи фармасевтї-технологї, 5 синфхонаи иловагї, 4 маркази саломатї, 1 бунгоњи тиббї, 3 њаммоми замонавї, корхонаи хурди дўзандагї, 3 майдончаи варзишї, 27 маркази савдо, бинои нави “Амонатбонк” сохта ба истифода супорида шуданд. Дар соњаи маориф низ пешравињо ба чашм мерасад. Ба 56225 нафар хонандагон 2514 нафар омўзгорон илму адаб меомўзонанд, ки 1414 нафари онњо дорои маълумоти олї мебошанд. 1287 нафар занону духтарон дар муассисањои таълимї ба тарбияи насли наврас машѓуланд. Сафи омўзгоронро як нафар “Корманди шоистаи Тољикистон”, ду нафар “Муаллими хизматнишон-

ЊАБДАЊ ТАШРИФИ ФАЙЗБОР Моњи феврали соли 1993 ба хотири ќурбониёни љанги шањрвандї дар ноњия “ Рўзи ёдбуд ва сулњу дўстї ” доир гардид. Дар ин чорабинї Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон иштирок дошт ва сокинони ноњияро бањри таъмини сулњу суботи кишвар даъват намуд. Соли 1995 Роњбари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњия ду маротиба ташрифи расмї дошт ва корхонањои “Аноњит” ва “Намаки Ёвон” ифтитоњ ёфтанд. Дар солњои 2012-2013 корхонањои саноатї дар ноњия мањсулот истењсол мекарданд, ки як ќисми ин корхонањо бо ташрифи Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон сахт марбут аст. Зеро дар њамин давра заводи сементи “Хуаксин Ѓаюр семент”, “Хима текстил”, “Ѓаюр” ба истифода супорида шуданд. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2016 се маротиба аз ноњия боздид намуд. Њар ташрифи ў ба ноњия, рўњбаландии мардумро меовард. Сокинон бо шодию хурсандии беандоза пайи корњои ободонию созандагї мешуданд. Бо ташрифи Љаноби Олї дар ноњия

РАЌАМЊОИ ГЎЁ

Дар нимсолаи аввали соли 2020 њаљми маблаѓгузории асосї 22 млн 681 њазор сомониро ташкил дод. * * * * * Дар масоњати 22834 метри мураббаъ манзилњои шахсии истиќоматї мавриди истифодабарї ќарор дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 4135 метри мураббаъ зиёд мебошад. * * * * * Дар ноњия 15,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда мавриди истифода ќарор дорад. Дар ин давра аз гармхонањо 485 тонна сабзавот ба фурўш бароварда шудааст . * * * * * Дар ноњия 42 муассисаи фарњангї амал мекунад . Китобхонањои ноњия дорои 149481 китоб мебошанд. * * * * * Шумораи љавононе, ки дар вазифањои роњбарикунанда фаъолият доранд 125 нафар ташкил медињанд. Аз љумла, 20 нафар вакилони Маљлиси вакилони халќи ноњия ва 40 нафар вакилони љамоатњо мебошанд. * * * * * Муассисаи кабудизоркунї ва ободонї дар гулгашту хиёбонњои шањраки Ёвон 400 бех нињоли ороишї, 5.3 њазор бех гули садбарг, 13 њазор бех гули лола ва 60 њазор бех гулњои мавсимї шинонидааст. * * * * * Варзишгарон дар мусобиќањои вилоятї, љумњуриявї ва байналмилалї иштирок намуда соњиби 9 медали тилло, 7 медали нуќра ва 14 медали биринљї гаштанд. * * * * * Дар даври якуми озмуни љумњуриявии «Фуруѓи субњи доної...» 2020 нафар хонандагону донишљўён, мураббињои муассисањои томактабї иштирок намуда, 39 нафари онњо ба даври дуюми озмун - даври вилоятї роњхат гирифтанд. додаи Тољикистон”, зиёда аз 200 нафар “Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ” пурра месозанд. Дар соњаи тандурустї, фарњанг, љавонону варзиш ва рушди сайёњї, танзими анъана ва љашну маросим, нигоњдории тартиботи љамъиятї корњои зиёди ташкилї ва таљдид ба анљом расонида шудааст. Омодагї ба 30 – солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњия давом дорад. Ба ин муносибат то рўзи љашни бошукўњ дар ноњия бунёди 341 иншоот ба наќша гирифта, ки то ин муддат 230-тои он ба истифода супорида шудааст. Аз ин њисоб 924 љойи кории нав ташкил гардид. Имрўзњо корњои сохтмонї дар 2 майдончаи варзишии болопўшида, комплекси нотамоми беморхонаи марказї, боѓчаи бачагонаи хусусї, бо фарогирии 315 нафар кўдакон, пули мошингузари кўчаи ба номи Р. Раљабови шањраки Ёвон бо иќтидори 80 тонна, бинои истиќоматии бисёрошёна бо љойгир намудани толори варзишї ва маркази савдо, фермаи чорвои калони гўштии ЉДММ “Мармарї” барои нигоњдории 3000 сар чорво ва чандин иншооти дигар давом доранд. Бо боварї метавон гуфт, ки то љашни фархундаи 30-солагии Истиќлолияти давлатї иншоотњои наќшавї пурра сохта, ба истифода супорида мешаванд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия минбаъд фаъолияти худро барои сариваќт иљро намудани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ва Њукумати кишвар равона намуда, дар таъмини дурнамову наќшањои давлатї ва баланд бардоштани сатњи некуањволии сокинон сањми муносиб мегузоранд.

ДАСТОВАРДЊОИ ИМРЎЗА ЊАДДИ НИЊОЇ НЕСТАНД Сафар ЁЌУБОВ, сардори Раёсати кишоварзии ноњия Дар солњои соњибистиќлолї дар натиљаи мењнати њалолу босамар кишоварзони ноњия ба дастовардњои калон ноил шуданд. Майдони кишти зироатњои бањорию тирамоњї 31420 гектарро фаро гирифтааст. Давоми нимсолаи аввали соли равон кишоварзон ба маблаѓи 287,9 млн сомонї мањсулот истењсол намуданд, ки 181,0 млн соњаи растанипарварї ва 106,9 млн сомонї аз чорводорї ба даст оварда шудааст. Имрўзњо айни коркарди зироатњои кишоварзї мебошад. Њосили зиёди зироатњои ѓалладонагї, пиёзи барваќтї, сабзавоту мевањо љамъоварї шудаанд. Мувофиќи њисобњо 31 њазор тонна гандум, 1638 тонна љав, 9 тонна картошка, 14765 тонна сабзавот, 2309 тонна полезї ва 3439 тонна мева ѓундошта шуд. Њоло љамъоварии њосили минбаъда давом дорад. Баъди љамъоварии њосили якум дењќонон

Файзиддин МУЊАММАДЇ, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита ба љомеаи ноњия Баъди соњибистиќлолии мамлакат љанги тањмилї ба њамаи соњањои хољагии халќ зарари моддию маънавии худро расонд. Ба халќи тољик зарур омад, ки њамаи мушкилотро бо роњбарии хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон паси сар намоянд, ватанро ободтар созанд. Ин ободкорињо пас аз њар сафари Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњои кишвар, ки мардум бо рўњбаландию боварї пайи корњои созандагиву бунёдкорї дучанд камари њиммат мебанданд, баръало эњсос мегардад. Аз он љумла, Пешвои миллат њабдањ маротиба ба ноњияи Ёвон бо сафари расмї ташриф овардааст ва бо ќадами муборакашон симои ноњия ободу зебо мегардад.

љињати иљрои супориши Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба гузаронидани кишти такрорї шурўъ намуданд. Кишоварзон имсол дар майдони 8943 гектар кишти такрорї мегузаронанд, ки ин амал дар арафаи анљомёбї мебошад. Маъракаи кишти такрорї дар њудуди љамоатњои дењоти ба номи Њасан Њусейнов, “Дањана”, “Чоргул” вусъати тоза дорад. Имсол дар майдони 11024 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Њосили парваришёфтаи дењќонон табъи дил аст. Дењќонон дар тараддуди љамъоварии пурраи њосили бо ранљ парвардаашон мебошанд. Боварї њаст соли равон хољагидорон аз уњдаи дурнамои “тиллои сафед” бо сарбаландї мебароянд. Дар доираи амалигардонии “Барномаи рушди соњаи боѓу токпарварї барои солњои 2016-2020” боѓпарварони ноњия дар майдони 11 гектар аз њисоби заминњои лалмї боѓ бунёд намуданд. Барои пешрафти соњаи чорводорї

ва аз зимистон солиму фарбењ баровардани чорво захираи зиёди хўрока лозим аст. Ба ин маќсад 22528 тонна хошоки дурушт захира карда шудааст. Дар њамаи бахшњои хољагидорї 98066 сар чорвои калон, 202153 сар чорвои майда, 189000 сар паранда, 6280 сар асп парвариш меёбанд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба давлат 12316 тонна шир, 3852 тонна гўшт, 3 млн 29 њазор дона тухм, 187 тонна пашм, 26 тонна пилла, 19 тонна асал истењсол шуд. Дастархони сокинон нисбат ба соли гузашта бой гардид. Дар ин давра дар њољагињои дењќонї ва љамоавї ширљўшї ба њар сар модагов 972 кг, наслгирї 53 сарї ва аз њар сад моли майда 93 сарї барраю бузѓола гирифта шуд. Ин нишондињандањоро кишоварзони ноњия њади нињої намењисобанд. Онњо тамоми таљриба, имконияту захираро самаранок истифода бурда, ба он мекўшанд, ки дастовардњои боз њам баландро ноил гарданд.

корхона, мактаб ва нуќтањои њаётан муњим ба истифода супорида мешуд. 22 апрели соли 2016 дар дењаи Дањана муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 16 ва боѓчаи бачагона, корхонаи “Хуаљиан Ѓаюр Индустриал” кушода шуд. Дар сохтмони мактаби нав ва боѓчаи кўдаконаи дењаи Дањана њиссаи соњибкор Бањриддин Љўрахонов калон мебошад. Хонандагони мактаб соњиби мактаби нави дуошёнаи замонавї ва майдони варзишї гаштанд. Мањсулоти корхонаи “Хуаљиан Ѓаюр Индастриал” картонњои гаљї мебошад, ки аллакай дар ќатори молњои хушсифати бозоргир љой гирифтааст. 24 августи соли 2016 роњи оњани минтаќаи шањри ВањдатЁвон, ки 46 километрро ташкил медињад, ба таври тантанавї кушода гардид. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон савори ќатора аз Душанбе то Ёвон омад. Инчунин, дар њамин рўз заводи нави семент, ки иќтидори солонааш як миллион тонна мањсулот мебошад, ифтитоњ гардид. Дар сохтмони заводи семент мутахассисони чинї ва тољик иштирок доштанд. 5 сентябри соли 2016 заводи нави креолит ба истифода супорида шуд, ки созандагон ва сокинони ноњия бо хурсандии зиёд ташрифи Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмонро дар маъракаи кушодашавї истиќбол ги-

рифтанд. Моњи апрели соли 2016 ба сохтмони мактаби сеошёна, ки дар кўчаи ба номи Абдурањмони Љомї барои 640 хонанда сохта мешуд, аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон санги асос гузошта шуд. Сохтмони ин мактаби замонавиро соњибкори муваффаќ Бањриддин Љўрахонов ба зимма гирифт. Бинои мактаб дар муддати ду сол бо маблаѓи њабдањ миллион сомонї сохта шуд. Рўзи 6 сентябри соли 2018 бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ин бинои замонавии таълимї кушода шуд. Хонандагон паси партањои нав ва синфхонањои љињозонидашудаи барњаво нишастанд. Дар ин рўз, њамчунин, коргоњи истењсоли ќубурњои оњану бетонї дар назди корхонаи “Љунгстай Моњир семент” ифтитоњ гардид. Ин корхона дар як шабонарўз 72 метр ќубурњои ќутраш аз 500 то 2000 миллиметра истењсол менамояд. Коргоњ дар оянда истењсоли сутунњои оњану бетониро барои интиќоли неруи барќ ба роњ монд. Дар коргоњ 12 нафар шањрвандон соњиби љойи кори доимї гардиданд. Коллељи технологї-фармасевтї дар кўчаи ба номи Асадулло Ѓуломови шањраки Ёвон дар заминаи бинои сохтмонаш нотамоми 5-ошёнаи назди беморхонаи марказии ноњия бунёд гардид. Бинои коллељи мазкурро соњибкор Акбар Ѓуломов бо маблаѓи 23 миллион сомонї сохт. Худи њамон сол 420 нафар донишљўён ба коллељ ќабул гардида, 70 нафар омўзгорону мутахассисон соњиби љойи кори доимї шуданд. Дар ифтитоњи коллељи технологї - фармасевтї Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон иштирок намуда, дар вохўрї иштирокчиёни љамъомади тантанавиро ба он даъват намуд, ки аз дили соф ба халќу ватан хизмат намоянд. Дар ин љамоат соњибкорон Бањриддин Љўрахонов ва Акбар Ѓуломов бо арзи эњтиром ба зимма гирифтанд, ки 16 километр роњњои мошингарди маркази шањракро таъмир менамоянд. Соњибкорони муваффаќ ба ќавли худ устувор истода, роњњои маркази шањракро дар солњои баъдї мумфарш карданд. Бо дили пур метавон гуфт, ки њар ташрифи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба њар хонадон нуру зиё овард, чунки мењру муњаббати самимї ба ватану миллат, ѓояњои сулњу субот њамеша њамроњи Пешвои оќилу доно, дурандеш, раъиятпарвар, ободгаро мебошад.

ХИЗМАТ БАЊРИ СИЊАТИИ ОММА Б. ХАЛИЛОВ, сардухтури беморхонаи марказї Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон ба соњаи тандурустї диќќати љиддї медињанд. Бо маќсади марњила ба марњила сохта ба истифода супоридани биноњои нотамоми беморхонаи марказї дар доираи маблаѓњои ба наќшагирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон имсол 4 млн сомонї људо гардидааст. Бо ин маблаѓ барќароркунии шуъбањои ќалб, шикастабандї ва осеббардорї, ки дар бинои дуошёна љойгиранд, ба наќша гирифта шуд, ки корњои сохтмонии онњо дар арафаи анљомёбї ќарор доранд. Аз буљаи мањал барои аз таъмир баровардани бинои асосии беморхонаи марказї 700 њазор сомонї људо карда шудааст ва дар ин самт корњои сохтмонї идома меёбанд. Дар нимсолаи якуми соли љорї дар дењаи Яккатути Љамоати дењоти “Дањана” бо сањми ањли мањал бунгоњи тиббї сохта, ба истифода супорида шуд. Дар ноњия 97 муассисаи давлатї ва 4 муассисаи хусусї мављуд аст, ки дар онњо 1763 нафар кормандон фаъолият доранд, 219 нафар табибони маълумоти олидор мебошанд. Дар давраи хуруљи шадиди касалии коронавирус ва бо маќсади пешгирии он ва табобати беморон дар марњилаи якум бинои асосии беморхонаи марказї (шуъбаи карантин) бо 50 кат, дар шуъбаи сироятии беморхона марњилаи дуюм (шуъбаи провизорї) бо 70 кат, дар собиќ бинои маркази беморињои пўсту зуњравї марњилаи сеюм (шуъбаи госпиталии сироятї) бо 50 кат ташкил карда шуд. Бо маќсади пешгирї намудани бемории коронави-

рус аз буљаи мањаллї 854 њазор сомонї људо гардидааст ва он маќсаднок истифода бурда мешавад. Мавриди зикр аст, ки 20 майи соли 2020 туњфањои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар њаљми 49,6 тонна маводи ѓизої, доруворї ва дигар ашёњо, 21 май бошад, кумаки раиси ноњия ба маблаѓи 23700 сомонї маводи ѓизої барои табибон ва дигар кормандони соњаи тандурустї дастрас гардонида шуд. Ба 6 нафар оилањое, ки аз беморињои шадиди роњњои нафас фавтида буданд, ба маблаѓи 5220 сомонї кумак расонида шуд. Корњои фањмондадињии байни ањолї хуб ба роњ монда шуда, кумакњои аввалияи тиббї, ба монади муоина ва ба ќайд гирифтани беморон дар мањалњо ба таври доимї гузаронда мешавад. Ашхоси хилъати сафедпўш дар њама гуна шароит бо боварї ба таљрибаву соњибихтисосї ва садоќатмандї ба савганди касбї аз пайи солимии ањолї буда, ба онњо хизмати содиќонаи тиббї мерасонанд. Дар рўзи иди касбии табибон раиси ноњия ба табибон ва њамширањои шафќати муассисањои тиббии ноњия ифтихорномаву сипосномањо, инчунин дар њаљми 34800 сомонї аз њисоби буљаи мањал кумакњои якваќтаинаи молиявї таќдим намуд. Кормандони соњаи тандурустии ноњия аз таваљљуњу дастгирињои давлату Њукумат, бахусус Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати пайваста баланд бардоштани музди мењнат рўњбаланд гардида, дар оянда њам бо дасту дили пок ба халќ хизмат расонида, рисолати муќаддаси худро софдилонаву садоќатмандона иљро менамоянд.

Файзиддин МУЊАММАДЇ

ВАТАН Рању расми вафодорї Садоќат бар Ватан бошад, Камоли ишќ варзидан Муњаббат бар Ватан бошад. Ватан аз иттињоди мо Гулистон мешавад фардо. Нишони ќудрати мо њам Зи Вањдат мешавад пайдо. Ману ту орёием, Давоми насли Сомонї, Аё эй њамватан, моро Намезебад парешонї. Маро хуштар зи атри гул Њаме бўи Ватан бошад, Сари болои мо, ёрон, Зи неруи Ватан бошад. Њама буду набуди ман Фидои Тољикистонам, Адоям гар мани ошиќ, Адои Тољикистонам. Масъулони сањифа И. ЊАСАНОВ, «Хатлон» ва З. ЊУСЕЙНОВ, мухбири махсуси рўзнома, узви ИЖТ


ШУКРИ ТОЉИКИСТОНИ ОБОДУ ОЗОД МЕКУНЕМ Истиќлолияти давлатї барои мо имкони воќеї фароњам овард, ки роњи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї интихоб намоем. Истиќлолият барои мо нишони барљастаи пойдории давлат, баќои миллат, рамзи асолату њувият, идеалу ормонњои таърихї, шиносномаи байналмилалї ва шарафу эътибори ба љањони мутамаддин пайвастани Тољикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки 29 сол ќабл аз ин нахустин хиштњои пойдевори истиќлолияти воќеї ва давлатдории миллии худро нињода, аз шарофати мустаќилият соњиби рамзњои давлатї - Парчам, Нишон ва Суруди миллї гардидем.

Дар ин росто Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид кардаанд: «Яке аз муњимтарин дастовардњои мо дар даврони истиќлолият давлатсозї ва давлатдории муосири миллї мебошад, ки моњиятан шакли њуќуќбунёд, иљтимої ва дунявиро дорад». Душвортарин муаммои мо дар солњои аввали соњибистиќлолї масъалаи норасоии барќ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторњои њокимият Роњбари давлат њамарўза бо он машѓул мешуд ва хушбахтона ин масъала њалли худро ёфт. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иќтисодиёт ва инкишофи њамаи соњањои хољагии халќ дар шароити имрўза асосан

аз истиќлолияти энергетикиву коммуникатсионї ва вусъат пайдо кардани роњсозї вобастагии амиќ дорад. Бинобар ин дар роњи таъмини истиќлолияти энергетикї, рањоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионї, амнияти озуќаворї, ки њадафњои стратегии Њукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоњњои хурду калони барќи обї, хатњои интиќоли ќувваи барќ, наќбњо, шоњроњњову пулњои байналмилалии мошингард ва дањњо иншооти азими инфраструктураи иљтимої натиљањои нек ба даст оварда шуданд. Ба даст овардани Истиќлолияти давлатї шароит фароњам овард, ки давра ба давра сатњи барќарорсозии инфрасохторњои иќтисодию

иљтимої бењтар гардад. Ташаббусњои созандаи Њукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат боиси он гардид, ки кишвари мо, бори сеюм ба ќатори 10 кишвари ислоњотгари пешсаф дохил гардад, ки ин ифтихори њар як тољику тољикистонист. Яке аз самтњои муњими рушди иќтисодї ва иљтимоии љумњурї, ин рушди инфрасохтор дар кишвар мебошад. Роњњо пайвандгари миллат дар кишвари мо ба њисоб мераванд. Дар солњои аввали истиќлолият њамагї 42% роњњои ањамияти љумњуриявидошта ва 20% роњњои ањамияти мањаллидошта мумфарш буданд, ки аз ин 73% дар њолати паст, 26% дар њолати миёна ва танњо 1% дар њолати хуби техникї ќарор доштанд. Дар ин давра яке аз вазифањои соња бунёди инфрасохтори наќлиёт бо маќсади рањої намудани љумњурї аз бунбасти коммуникатсионї ба шумор мерафт. Љињати расидан ба ин њадаф то имрўз дар комплекси наќлиёти кишвар 45 лоињаи давлатии сармоягузорї ба маблаѓи умумии беш аз 12 миллиард сомонї татбиќ гардида, зиёда

аз 2 њазор километр роњњои мошингард, 31 км. наќб, 200 пул ва 190 километр роњи оњан сохтаву таљдид шуда, терминали нав ва муосири мусофирбарї дар фурудгоњи байналмилалии шањри Душанбе ва якчанд терминали мошинњои мусофирбар ба истифода дода шуданд. Њамин тавр, Истиќлолияти давлатї заминаи рушди устувори кишвари моро фароњам оварда, асоси њамаи дастовардњои бузургро ташкил дод. Дар маљмўъ, њадафњои умдаи сиёсати пешгирифтаи давлати Тољикистон дар хусуси андешаи Истиќлолияти давлатї ва таъмин намудани густариши он, барои тањкиму ташаккули шароити мусоид љињати инкишофи шахсият, љамъият, давлат ва таъмини амнияти онњо заминаи мусоиде фароњам меоранд. Љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон 9 сентябри соли 2021 баргузор мегардад, мардуми шарифи љумњурї барои дар сатњи олї ва бо корњои ободонию созандагї истиќбол гирифтани ин љашни фархунда омодагї мебинанд. Б.С.ЌУРБОНИЁН, судяи Суди иќтисодии вилояти Хатлон

ЉОМЕА ДАР ЊАМБАСТАГЇ БО ИСТИЌЛОЛИЯТ Истиќлолият яке аз пурарзиштарин ва муќаддастарин дастоварди њар як давлат ба њисоб меравад. Тавассути истиќлолият давлат ба сўи ояндаи дурахшон ќадам мегузорад. Баъд аз пош хўрдани ИЉШС Тољикистон Истиќлолияти давлатии худро ба даст овард. Ин неъмати бузург нури зиё, мењру вафо, ободию озодї, њамфикрию њамзистї ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тољик ва тољикистониёни азиз овард. Љумњурии Тољикистон ба яке аз давлатњои шинохта ва зеботарини дунё табдил ёфт, ки ин неъмати давлатдории бебањо дар асоси хизмати бузурги сиёсї, иќтисодї ва иљтимої ва љонфидоии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад. Дар харитаи сиёсии љањон Љумњурии Тољикистон, чун давлати соњибистиќлол сабт гардид. Љумњурии Тољикистон 2-уми марти соли 1992 аъзои комилњуќуќи Созмони Милали

Муттањид (СММ) гардид. Бо эълони истиќлолият, чуноне Президенти кишвар, Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид мекунад: «Орзуи ба даст овардани мустаќилияти миллї амалї гашт. Ва миллати бофарњанги тољик ва мардумони ин сарзамин баъд аз душворињо ва мушкилињои иќтисодї, сиёсї, ки дар натиљаи дањшати љанги шањрвандї ба вуќўъ омада буд, тавонист паси сар кунад ва барои зиндагии осишта, озодиву хушбахтї ќадам гузорад. Ба даст омадани озодї ва истиќлолро касе њам тасаввур надошт. Ин истиќлолият њадяи бебањои таърих буда, устувору пойдор нигоњ доштани он масъулияти таърихии наслњои имрўза мебошад». Дар айни замон Љумњурии Тољикистон ба ояндаи дурахшони худ ќадам мезанад, ки асоси ин ояндасозии давлатро ба мо Истиќлолияти давлатии Тољикистонамон инъикос менамояд ва њадя мекунад. Даврони истиќлолият барои мо имкони воќеи

фароњам овард, ки роњи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї интихоб намоем. Истиќлолият барои мардуми Тољикистон рамзи олии ватану ватандорї, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустаќил, кору пайкори пайгиронаи созандагї, азму талошњои фидокоронаи расидан ба истиќлолияти сиёсї, иќтисодї, энергетикї ва фарњангиро омўзонда, меъёрњои љомеаи шањрвандиро тањким бахшид. Таљрибаи сулњи тољикон манбаи омўзиши сулњхоњони љањон гашт, ки боиси ифтихори мардуми Тољкистон ба шумор меравад. Мотољикистониён бояд аз Истиќлолияти давлатии кишварамон ифтихор карда, биболему барои боз њам машњуртар гардидани он кўшишу ѓайрат намоем ва Тољикистонро ба як давлати зебо ва пешрафтатарини дунё табдил дињем. Сайёд Файзов, «Аълочии маориф ва илми Тољикистон»

ОБОДКОРИЊО ДАР ДЕЊОТИ САНГТЎДА Бунёди иншооти гуногун бо тарњи муосир ва тозаю озода нигоњ доштани муњити зист дар дењоти Сангтўдаи ноњияи Данѓара боиси ободиву шукуфоии ин гўшаи зархези ватан гардидааст. Сокинони бунёдкор, соњибкорони саховатманду љавонмардони баору номуси дењоти Сангтўда дар доираи омодагињо ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, наќшаи тадбирњо оид ба амалисозии њадафњои Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї, бо маќсади татбиќи дастурњои созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои тозагию ободонї ва шукуфоии диёр талош меварзанд. Бунёду навсозї, ободонию созандагї, сабзгардонї, тозаю дилкаш кардани њар кўчаю мањалла аз самтњои муњими кори сокинон мебошанд. Тибќи маълумот, бо маќсади дар сатњи баланд пешвоз гирифтани ин љашни миллї дар дењоти Сангтўда бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун ва барои хољагии халќи дењот муњим дар назар аст. То имрўз аксари онњо бунёду навсозї шуда, аллакай, ба сокинон хизмат мерасонанд. Аз љумла, бо маќсади бењтар кардани сифати хизматрасонии тиббї ба ањолї ва њавасмандии кормандони соња аз њисоби маблаѓњои буљетї

ва Бонки љањонї сохтмони ду бунгоњи тиббї дар дењањои Навобод ва Нурофар бо сифати баланд ба анљом расид. Навсозии биноњои марказ ва бунгоњњои саломатї, аз як тараф барои баланд бардоштани сатњи хизматрасонии тиббї ба ањолї мусоидат намояд, аз љониби дигар метавонад љойњои нави кориро фароњам орад. Агар то имрўз дар марказњои саломатии дењањо њамагї ду - се корманди тиб фаъолият доштанд, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону њамширањои шафќат ба 10 - 12 нафар расида, кори духтурон то андозае сабук гардид. Инчунин, ба наздикї дар доираи корњои созандагї маркази хизматрасонии муосир аз љониби соњибкор Бахтовар Элљонов дар дењаи Сангтўда бунёд ёфта, ба фаъолият шурўъ кард. Марказ дуошёна буда, дорои њаммом, сартарошхона, кошонаи њусн ва тарабхона мебошад. Баъди ба истифода додани марказ 10 сокини мањаллї бо љойи кор

3

ХАТЛОН

ЧОРШАНБЕ, 26 августи соли 2020, №40 (3276)

таъмин шуд. Ба масъалаи таъмиру тармими роњњо ва чароѓонкунї низ таваљљуњи љиддї зоњир мешавад. Соњибкорони ватандўсти мањаллї ва љавонони саховатпеша ќариб 8 километр роњи дењаи Нурофарро асфалтпўш карданд. Рўзњои наздик аз тарафи соњибкори мањаллї Мирзо Саидов, дар маљмўъ, асфалтпўш ва чароѓоннамоии беш аз 10 километр роњњои кўчаю мањаллањои дењаи Навобод ба анљом мерасад. Сокинони мањаллї низ аз ин амалњои ободкоронаи соњибкорон илњом гирифта, бо њисси баланди ватандўстї тариќи њашар ба тоза кардани роњ, љўйњо, сафед кардани дарахтон, рангубори хонаву дар ва деворњои гирди њавлии худ шурўъ карданд. Дар ин самт низ соњибкорону љавонмардони саховатпеша ба оилањои шароиташон мањдуд ёрї мерасонанд. Дар баробари дигар иншооти љашнї, дар дењаи Сангтўда корњои сохтмонии чойхона,

коргоњи дўзандагї, филиали Бонки давлатии амонатгузорї - «Амонатбонк», марказњои хизматрасонї дар дењањои Гулистон, Навобод, Булакдашт, дар дењаи Нурофар нуќтаи фурўши сўзишворї, дар дењаи Зарнисор бунгоњи тиббї, муассисаи тањсилоти миёнаи умумї ва иншооти дигари љашнї аз тарафи соњибкорони мањаллї Њасан Абдуалиев, Насриддин Бобохонов, Дилшод Наботов, Шараф Эшпўлотов, Раљаб Давлат, Бахтовар Ибодуллоев, Абдулазиз Саидов бомаром идома доранд. Табиати дењоти Сангтўда барои бунёди боѓ мувофиќ буда, дар њудуди он садњо гектар боѓ мављуд аст, ки дар таъмини бозори дохилї бо меваи хушсифат мусоидат менамояд. Танњо давоми ду соли охир беш аз 11 гектар боѓи нав бунёд шудааст. Сокинони дењоти Сангтўда аз бунёди иншооти нав, ки боиси бењтар шудани сатњи зиндагї, шароити таълим ва, дар маљмўъ, њалли мушкилот гардид, хурсанд буда, аз соњибкорону шахсони саховатманди дењот, ки дастуру супоришњои Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро дар самти корњои ободониву созандагии дењот пайгирї менамоянд, миннатдоранд. Зеро бештари иншооте, ки имрўз аз љониби онњо эъмор гардида истодаанд, ќаблан орзую омоли мардум буд. Њ. ИСМАТ

Чорбоѓ. 61 ХОНА ПУРРА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

- Ба њолати 19-уми августи соли 2020 дар мањалаи нав 61 манзил пурра ба истифода дода, дар 6 хонаи дигар корњои андовакунї, насби дару тиреза ва рангуборкунї дар арафаи анљомёбї ќарор доранд, - гуфт Муњаммад Азизулло, роњбари дастгоњи раиси ноњияи Хуросон ва афзуд, ки бо маќсади анљом додани сохтмони манзилњои

истиќоматии зарардидагон аз офати табиї ва барќарорсозии инфрасохтор дар мавзеъ бо сафарбарии ќувваю воситањои дохилиноњиявию љалби волонтёрон корњои зиёде ба анљом расонида шуд. Аз љумла, барои бо барќ таъмин намудани мавзеи навбунёд Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Нуралї

СКМ» 83 симчўб оварда, дар љойњои муайянгардида насб кард. Инчунин, 4 хатти баландшиддати барќ ва кашидани ноќилњо ба анљом расонида шуда, 69 њисобкунаки барќї ба хатти барќи манзилњои истиќоматї васл гардиданд. Дар робита ба таъмин гардидани шароити мусоиди зиндагї ва дастрасї ба хизматрасонии тиббї дар њудуди дењаи нав аз тарафи соњибкорони мањаллї бунгоњи тиббї, иборат аз 4 њуљраи корию як айвон бунёд гардида истодааст. Барои тезонидани кор дар самти барќарорсозї ва сохтмони манзилњои истиќоматии ањолии зарардида аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, сохторњои дахлдор ва соњибкорон њамарўза кумакњо расонида мешавад. С. АЗИЗОВ, «Хатлон»

ИДОМАИ КИШТИ ТАКРОРЇ ДАР ВИЛОЯТ Дар њама бахшњои хољагидории шањру ноњияњои вилояти Хатлон дар майдони 128 њазору 169 гектар кишти такрорї гузаронида шудааст, ки ин 98,2% наќшаи пешбинишударо ташкил медињад. Ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли гузашта 26 њазору 627 гектар зиёд мебошад. Тавре ки Ќутбиддин Халилов, мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иброз дошт, аз майдони умумии кишти такрории гузаронидашуда 73226 гектар ѓалладаонагињо, 16 928 гектар сабзавот, аз он љумла 5281 гектар сабзї, 2378 гектар бодиринг, 1395 гектар карам ва 6835 гектар намудњои дигари сабзавотро ташкил медињанд. - Њамчунин, то имрўз дар њама шаклњои хољагидории вилоят наќшаи кишти картошка 44,1% иљро гардидааст. Тибќи маълумоти оморї аз 3510 гектар заминњои кишти картошкаи тирамоњї 802 гектари он ба хољагињои дењќонї ва 2708 гектар ба заминњои наздињавлигии сокинон рост меояд. Тибќи дурнамо соли љорї майдони кишти такрории картошка дар вилояти Хатлон бояд ба 7 њазору

963 гектар расонида шавад. Бинобар маълумотњои мављуда дар доираи гузаронидани кишти такрории мањсулоти кишоварзї, то имрўз дењќонони вилояти Хатлон дар майдони 5606 гектар полезињо, 1246 гектар офтобпараст, 800 гектар чормаѓзи заминї (арахис), 891 гектар кунљит, 26130 гектар љуворимакка барои хўроки сабзи чорво ва дигар намуд зироатњоро кишт намудаанд. С. ЉАМОЛИДДИН, «Хатлон»

КИШТИ ТАКРОРЇ ДАР ЊАМАДОНЇ ВА ХОВАЛИНГ

Кишоварзони ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї аз њар як ваљаб замин самаранок истифода мебаранд ва барои бардоштани њосили фаровон тавсияи мутахассисонро пайгирї менамоянд. Сањмдорони Кооперативи тиљоратии “Агроглобал” дар Љамоати дењоти “Мењнатобод”-и ноњия њосили аввали мањсулоти кишоварзиро љамъоварї намуда, кишти такрорї гузарониданд. Вобаста ба дастуру супоришњо ва зиёд будани талаботи ањолї ба картошка имсол дар кишти такрорї картошка шинонидаанд. Кишоварзон аз љињати таъмин бо оби полезї мушкилї надоранд. Зеро идораи бењдошти замин ва обёрии ноњия дар мавсими обёрї хољагидоронро мунтазам бо оби полезї таъмин менамояд. Аз ин рў, њамасола дењќонон кишти такрории мањсулоти кишоварзиро афзоиш медињанд. Эмомалї Азимов, раиси Љамоати дењоти

“Мењнатобод”, чунин мегўяд: «Имсол хољагињои дењќонї ва инфиродии љамоат аз наќшаи дурнамо зиёд кишти такрорї гузарониданд. Дар кишти такрорї бештар шолї, лўбиёгињо ва љуворимакка кишт карданд. Барои таљриба дар майдони беш аз 13 гектар кишти такрории картошка гузаронида шудааст». Дењќонон мегўянд, агар њосили аввал барои пардохти харољотњо сарф шавад, њосили кишти такрорї пурра ба фоидаи хољагї ва сањмдорон аст. Барои њамин мебояд майдони кишти такрориро зиёд карда, дар як мавсим то се маротиба њосил бардошт, то эњтиёљоти оиларо ќонеъ гардонида, зиёдатии мањсулотро ба савдо баровард. Иќлими ноњияи Ховалинг барои рушди чорводорию боѓдорї ва зироаткорї хеле мусоид аст. Аз ин рў, дењќонон мекўшанд бештар ин соњањоро ривољ бах-

шанд. Абдулхайр Абдулњамидов дар хољагии дењќониаш панљ гектар замин дорад, ки дар бештари он боѓ бунёд кардаанд. Давоми ду- се соли охир бар асари таѓйирёбии иќлим ва пайдоиши касалию њашароти гуногун меваи боѓ талаф меёбад. Барои самаранок истифода бурдани замин ва пўшонидани харољоту фоида овардан, дар байни ќатори дарахтон зироаткорї мекунанд. Абдулхайр соли гузашта дар байни ќатори дарахтон дар майдони 7 садяк замин картошка кишт карда, 2,5 тонна њосил ба даст овардааст. Имсол бошад, майдони кишти картошкаро ба 15 садяк замин расонидааст. Дар баробари картошка бо сањмдоронаш дигар намудани зироатро парвариш менамоянд. Абдулхайр замини наздињавлигиашро низ самаранок истифода мебарад. Дар замини наздињавлигї ќаламфури тезу булѓорї, помидору бодиринг, лўбиёгињо ва дигар намуди мањсулот парвариш намуда истодааст. Имсол барои таљриба баъди љамъоварии њосили аввал дар кишти такрорї лўбиё шинонидаанд ва агар то охири мавсим пухта расад, соли оянда майдони кишти такрориро васеъ менамоянд. Баъди љамъоварии картошка бошад, тухмии бештар захира намуда, оянда майдони киштро ба як гектар мерасонанд. Ш. САФАРЗОДА

КЎЛОБ: БУНЁДИ 873 ИНШООТ ТО ЉАШНИ ИСТИЌЛОЛ Бањри истиќболи сазовори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Кўлоб бо љалби маблаѓ аз њамаи сарчашмањо сохта ба истифода супоридани 873 иншооти таъйиноти гуногун ба наќша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрўз 289 адади он мавриди бањрабардорї ќарор гирифтаанд. Дар мањаллаи Шамсиддин Шоњин Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди “Фаридун” бо љалби сохтмончиёни мањаллї корњои сохтмониро дар бинои беморхонаи беморињои рўњї ва наркологї вусъат бахшида истодаанд. Барои хушсифат ва љавобгў ба меъёрњои сохтмонї анљом додани корњо техника ва масолењи сохтмонї дастрас карда шудааст. Фаридун Шамсов, сармуњандиси ЉДММ “Фаридун” зимни суњбат бо мо чунин иброз дошт: “Дар иншоот 25 нафар сокинони мањаллї кору фаъолият дошта, бо маоши хуб, хўроки гарм ва сару либос таъмин мебошанд”. Давоми солњои охир дар шањри Кўлоб аз љониби соњибкорони мањаллї сохтмони хонањои баландошёна шурўъ гардидааст. ЉДММ “Хосор-С” аллакай дар шањри Кўлоб як бинои панљошёнаи истиќоматиро ба истифода супорида, дар хиёбони Исмоили Сомонї сохтмони бинои истиќоматии 9 ошёнаро идома до-

рад. ЉДММ “Бунёд-2” бошад, дар маркази шањр корњои оњану бетониро дар ошёнаи шашуми бинои истиќоматии нуњошёна ба анљом расонидааст. Бинокорон маќсад доранд, ки дар ин мавзеъ боз ду бинои нуњошёнаи дигарро сохта, ба истифода супоранд. Дар иншооти мазкур беш аз 30 нафар сокинони мањаллї бо љойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Муњиддин Сафаров мегўяд: “Солњои пеш барои кор ба давлати Россия мерафтем. Њоло бошад, дар ватани худамон сохтмонњо рафта истодааст. Се сол боз бо дигар сохтмончиён дар бунёди иншооти гуногун дар шањри Кўлоб фаъолият дорем.” Корњои сохтмонї дар дигар иншоот, аз љумла бинои нуњошёнаи хобгоњ барои 700 љой дар коллељи давлатии тиббии шањри Кўлоб бо фармоиши Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон аз љониби сохтмончиёни ЉДММ “Марво” идома дорад. Ба иттилои шуъбаи меъморї ва шањрсозии шањри Кулоб аз рўи наќша то 9-уми сентябри соли љорї 26 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад. Ш. САФАРЗОДА


4

ХАТЛОН

ТАРБИЯИ ЊУЌУЌИИ АЊОЛЇ САМТИ МУЊИМИ ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРОРЇ Прокуратураи вилояти Хатлон бањри иљрои Паёмњои њарсолаи Президенти мамлакат ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон», фармонњои дахлдори Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва дигар дастуру супоришњои Сардори давлат ва Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон наќша ва чорабинињои дахлдор тартиб дода, дар ин асос сањми босазои худро дар тарбияи њуќуќии шањрвандон мегузорад. Кормандони прокуратура дар ин давра махсусан ба тарбияи њуќуќии ањолї, фањмонидани моњияти терроризму экстремизм ва пешгирии љинояткорї дар байни ноболиѓону љавонон, мубориза бо љиноятњои хусусияти коррупсионидошта, дастовардњои замони истиќлол ва ѓайрањо ањамияти махсус додаанд. Оид ба ин масъала, њамчунин аз тарафи гурўњи таъминоти њуќуќї, мониторинги ќонунгузорї ва кор бо матбуоти прокуратураи вилоят дар љамоатњои шањраку дењоти ноњияњои Ёвон, А.Љомї ва Муъминобод ва шањрњои Кўлоб, Левакант як ќатор мактабњои тањсилоти миёнаи њамагонии ноњияњои Ёвон, А.Љомї, шањри Бохтар, беморхонаи марказии шањри Бохтар вохўрињо доир карда шуданд. Ќайд бояд намуд, ки дар ин раванд аввали соли равон дар толори факултети филологияи тољики Донишгоњи давлатии шањри Бохтар ба номи Носири

Хусрав вохўрии кормандони прокуратура бо донишљўён доир гашта, дар њузури бештар аз 100 нафар журналистону омўзгорони оянда оид ба фаъолияти прокуратура дар роњи пешгирии терроризм ва ифротгарої, сиёсати давлатї вобаста ба љавонон ва роњњои баланд бардоштани маърифати њуќуќии ањолї ва оилањо тибќи нуќтањои Паёми Пешвои миллат ва њамкории ин маќомот бо васоити ахбори омма баромад намуданд. Оид ба пешгирии љинояткорї, мубориза ба муќобили љиноятњои гардиши ѓариќонунии моддањои мухаддир, коррупсия, пешгирии љараёнњои терроризм ва ифротгарої, шомилшавиии љавонон ба чунин равияњо ва иштирок дар задухўрдњои мусаллањонаи кишварњои хориљї, фањмонидани нуќтањои Паёми Пешвои миллат доири моњияти «Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба муќовимат ба экстремизим ва терроризм барои солњои 2016-2020», «Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба мубориза ба муќобили љиноятњои коррупсионї барои солњои 2013-2020», Вањдати миллї, Истиќлолияти давлатии кишвар низ дар шањру ноњияњо баромадњои кормандони дастгоњи марказии прокуратураи вилоят ба роњ монда шуд. Бо маќсади баланд бардоштани сатњи дониши њуќуќии шањрвандон ва иљрои Фармони Президенти Љумњурии

Тољикистон аз санаи 9 апрели соли 1997 зери №691 «Дар бораи сиёсати њуќуќї ва таъмини тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» кормандони фаврии дастгоњи маркази прокуратураи вилоят тавассути расонањои хабарї оид ба моњияти ќонунгузорињои кишвар, таѓйироту иловањо ба онњо, њуќуќу уњдадорињои шањрвандон, мубориза ба муќобили ќонунвайронкунињо баромад менамоянд. Ба масъалаи риояи талаботи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз санаи 7-уми феврали соли 2009, тањти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма» диќќати љиддї дода шуда, маводњои чопгашта пайгирї карда мешаванд. Аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят толори судї низ њамчун воситаи пешгирии љинояткорї ва мубориза бар зидди он ва њамчунин воситаи тарбияи њуќуќии шањрвандон истифода бурда мешавад. Дар ин муддат аз тарафи судњои вилоят дар маљлисњои сайёри судї 205 парвандаи љиноятї баррасї гардидааст, ки дар онњо айбдоркунандаи давлатї иштирок доштанд. Дар танаффуси судї онњо дар назди иштирокчиёни мурофиа баромад карда, моњияти хавфнокии љиноятњои содирнамудаи судшавандагон ва сабабу шароитњоеро, ки ба содиршавии љиноятњо мусоидат кардаанд, фањмонида додаанд.

ЧОРШАНБЕ, 26 августи соли 2020, №40 (3276)

Дар ин самт аз њама бештар кормандони прокуратурањои ноњияњои Ёвон, Восеъ, Ќубодиён,Љ.Балхї, Шањритуз, Вахш ва Панљ сањм гузоштаанд. Гузаронидани љаласањои судњои сайёр барои тарбияи њуќуќии шањрвандон наќши муњимро мебозанд. Аз ин рў, прокуратураи вилоят барои фаъолнокии онњо ва ширкати пайвастаи прокурорњо дар љаласањои судњои сайёр пайваста таваљљуњ зоњир менамояд. Иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон тањти №691 аз санаи 9.04.1997 «Дар бораи сиёсати њуќуќї ва таъмини тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти № 383 аз санаи 22.08.1997 «Дар бораи баъзе чорањои бењтар намудани тарбияи њуќуќии шањрвандон ва кори њуќуќї дар љумњурї» ва Барномаи «Таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2020-2030» дар њамоњангї бо дигар сохторњои давлатї ва љамъиятї имконият медињад, ки донишњои њуќуќии ањолї дар замони асри нанатехнологияи зудрушдёбанда ба дараљаи лозима боло бардошта шавад. Ин масъала низ яке аз вазифањои муњимтарини љомеаи имрўзаи кишвари мо буда, дар ин асос кормандони прокуратураи вилояти Хатлон пайваста сањми арзандаи худро дар баланд бардоштани донишњои њуќуќии ањолї хоњанд гузошт. В. ЗАЙНИДДИНОВ, ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба таъминоти њуќуќї, мониторинги ќонунгузорї ва кор бо матбуот, мушовири адлияи дараљаи 1

МАКОНИ БОЭЪТИМОДИ КАДРЊОИ БОЛАЁЌАТ

Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз муассисањои олие мањсуб меёбад, ки њамасола дар самти таъмин намудани соњањои хољагии халќи мамлакат бо кадрњои лаёќатманд наќши созгор мегузорад. Донишгоњи мазкур дар даврони соњибистиќлолии мамлакат тавонист, ки худро бо хубї муаррифї намояд ва имрўз ин љо донишљўён аз дохилу хориљи кишвар ба омўзиш фаро гирифта шуданд. Доир ба њолати омодагї ба соли нави тањсил ва наќшањои оянда ба таълимфарогирии донишљўён ба ин муассисаи олї роњбари он Сайфиддин Давлатзода ба мухбирамон чунин гуфт: - Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар вилояти Хатлон яке аз калонтарин муассисаи тањсилоти олии касбии мамлакат мањсуб меёбад. Айни њол дар 12 факултети донишгоњ барои 8000 љойи нишаст дар як баст омода буда, сањни биноњои таълимї бо шинонидани дарахтони њамешасабз ва 10000 бех гулу гулбуттањои ороишї оро дода шудаанд. Метавон гуфт, ки донишгоњ бо омодагии комил ба соли нави тањсили 2020-2021-ро оѓоз бахшид. Бояд ќайд намуд, ки донишгоњ бо муассисањои тањсилоти њамагонии вилоят ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо шартномаи тарафайнро ба имзо расонида, дар асоси он раванди ба љойи кор таъмин намудани хатмкардагонро ба роњ мондааст. Дар соли тањсили 20192020 донишгоњро 1577 нафар донишљў хатм намуд, ки ба муассисањои таълимї барои кор фиристода шуданд. Гузашта аз ин, хоњишмандони равияи омўзгорї барои тањсилоти фосилавї гузаштан бо маќсади дар МТМУ-и шањру ноњияњо њамеша дастгирї меёбанд. Дар хобгоњи умумии донишгоњ як бинои чорошёна мавриди истифода ќарор дода шудааст. Хобгоњ дорои 520 љойи зист буда, истиќомат дар он барои ятимони кулл ва маъюбони гурўњи 2-юм ройгон аст. Дар њар як ошёнаи хобгоњ барои дастрасї доштани донишљўён бо хўроки гарм ошхонаи муљањаз бо таљњизоти замонавї омода

«ХАТЛОН»

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

гардидааст. Вале ин имкониятњо барои ќисмати беши донишљўён дастрас нест. Бо бунёди бинои нав ин мушкилї рафъ хоњад гашт. Њамарўза дар назди даромадгоњњои ДДБ ба номи Носири Хусрав нуќтањои назоратии тиббї ташкил карда шуда, табибон тавассути њароратсанљњои электронї њарорати бадани донишљўёну омўзгорон ва шањрвандонеро, ки вориди донишгоњ мешаванд, месанљанд. Риояи фосилаи иљтимої, пўшидани ниќобњои санитарї, истифодаи мањлулњои антисептикї пайваста аз љониби шахсони мутасаддї назорат карда мешавад. Гирду атрофи донишгоњ мунтазам тавассути мањлулњои зиддивирусї безарар гардонида мешаванд. Раёсати донишгоњ тасмим гирифтааст, баробари саршавии соли нави тањсил тавсияњои Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистонро дар раванди таълим амалї намуд. Бо ин маќсад, мављуд буд, ки дар бунгоњи тиббии донишгоњ беш аз 4000 ниќобњои тиббї, ки дар маркази касбомўзии назди факултети технология омода шудааст, бо оѓоз шудани раванди таълим ба донишљўён ройгон таќсим карда мешуд. Њамчунин, тамоми биноњои таълимї пеш аз оѓози соли тањсил бо мањлулњои махсус безарар гардонида шуда, риояи ќоидањои бењдоштї зери назорат ќарор гирифтаанд. Донишгоњ дорои пойгоњи мустањками моддию таълимии муосир, неруи пурќуввати илмию омўзгорї ва тањќиќотию инноватсионї мебошад. Бо маќсади такмили инфрасохтори мављуда ва баланд бардоштани сифати таълим танњо дар се соли охир дар донишгоњ

биноњои нави таълимї барои 3000 љойи нишаст дар як баст, як маљмааи варзишии муљањњаз бо тамоми таљњизоти замонавии тамрин, бо ташрифи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мавриди истифодабарї ќарор дода шудаанд, дастоварди беназир ба њисоб меравад. Дастовардњои илмии устодону донишљўён низ дар соли 2020 назаррасанд. Имрўз мушкилоти кофї набудани биноњои таълимї ва хобгоњ дар донишгоњ мављуд аст, вале бо сохта шудани бинои асосии донишгоњ, ки санги асоси он моњи июли соли 2017 аз љониби Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода, воќеъ дар мавзеи собиќ коллељи омўзгории донишгоњ гузошта шуда буд, рафъ хоњад шуд. Мувофиќи лоињаи тасдиќшуда ин иншоот иборат аз як бинои 11-ошёна ва ду бинои 7-ошёна ба наќша гирифта шуда, маблаѓи он ќариб сад миллион сомониро ташкил медињад, ки имрўзњо сохтмони пойдевори он идома дорад. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон маоши кормандони соњаи маориф ва стипендияи донишљўён аз 1-уми сентябри соли 2020 боз ба андозаи 15% баланд бардошта мешавад, ки аз таваљљуњи беандозаи Пешвои миллат ба ин соња дарак медињад. Љавобан ба ин ѓамхорињо омўзгорони донишгоњ дар болоравии сатњу сифати таълиму тарбияи мутахассисони оянда дучанд зањмат хоњанд кашид. Устодони донишгоњ дар муњлатњои муайяннамудаи ќонун аз аттестатсия мегузаранд ва барои фаъолияти минбаъдаашон иљозатнома мегиранд. Чунин раванд бењтаршавии таълиму тарбия таъсири мусбї мерасонад. Дар пайравї аз сиёсати иљтимоии Пешвои миллат раёсати донишгоњ дар панљ соли охир маоши кормандонро ба маротиб вобаста ба унвон ва дараљаи илмї аз суратњисоби махсуси донишгоњ баланд бардошта, дар ин самт донишгоњ на танњо дар байни муассисањои олии касбии њудуди вилоят, балки дар љумњурї аз пешсафњо мањсуб меёбад. Роњбарияти донишгоњ минбаъд низ ба масъалаи такмили ихтисоси устодон диќќати љиддї равона хоњад кард. Њамкорї бо муассисањо ва марказњои тањсилоти олии касбии дохил ва хориљи кишвар, љалби лоињањои инвеститсионї, дарёфти грантњо дар доираи Барномаи рушд барои солњои 2020-2021 яке аз вазифањои муњими минбаъдаи донишгоњ мањсуб мегардад. С. АЗИЗОВ

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

Аз назари хонанда

ИСТИЌЛОЛИЯТ ЧИСТ? Истиќлолият озодї ва орзуву аъмоли њар як шањрванди љумњурї мебошад. Ќайд кардан лозим аст, ки ба калимаи “Истиќлолият” ташбењоте ба ќалам додаам. Ва инак калимаи Истиќлолият: И-Иљлосияи 16-уми Шўрои Олї С-Суханронињои Љаноби Олї-Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи XVI Шўрои Олї дар бораи баргардонидани гурезањо. Т-Тољикистони пешин ва Тољикистони навин И-Исмоили Сомонї аз нав дубора зинда шуд. Ишора ба гиромидошти 1100-солагии Исмоили Сомонї. Ќ-Ќудрати иќтисодї-иљтимої ва дифоии ватани мо.

Л-Лаљоми душманони халќу ватан сахт кашида шуд ва мањв гаштанд. О-Орзуву ормонњои халќи Тољикистон љомаи амал пўшид. Л-Лоларухони Тољикистон, яъне маќоми Зан-модар, баланд шуд. И-Иди Наврўз љањонї шуд. Я-Ятимони Тољикистон дар симои Президенти љумњурї муњтарам Эмомалї Рањмон, падари ѓамхору мењрубон ёфтанд. Т-«Тољикистон ба пеш!» Каломи пурњикмати Пешвои миллат, ки имрўз шиори мардуми тољик гардидааст. Бердии САЙМУРОД, ноњияи Кўшониён, нафаќахўр

Соли 2019-2021 Солњои рушди дењот, њунарњои мардумї ва сайёњї

УСТО САИДИ ТАБАЌТАРОШ Саид сї сол пеш ба тарошидани ќошуќу кафлез, думра сар карда буд. Њарчанд падар устои сехи тахтабурии совхоз буд, ў мехост касби бобояш Досро, ки зодаи дењаи Тихоро аст, эњё кунад. Аз ин хотир, бе ягон устоду мураббї ба ин шуѓл мењр басту ба ќатори устоњои чирадаст баромад. Агар илњом ояду кор хуб пеш равад, дар як рўз дилхоњ табаќро омода месозад. Устохонааш як лањза ором нест. Шумораи табаќњои тарошидаю ба корафтодагон додааш низ аз 4 њазор адад гузаштаанд. Табаќњояш аз чўбњои тут, зардолу, ќараѓоч, чормаѓз, чанор ва ѓайраанд. Лекин аз њама баќуввату зебо ва хушхаридаш аз чўби чормаѓзу ќараѓоч аст. Усто Саид њафт фарзанд дорад. Чор фарзанди калониаш аллакай ин њунарро аз худ кардаанд. Усто Саид Досов дар чандин озмуну азназаргузаронињо ширкат варзида, соњиби мукофотњо шудааст. Касбашро сайќал дода, боз аз устоњои дигар шањру ноњияњо меомўзад. Ањли хона-

вода зиндагии осоишта доранд. Сафи мизољони ин устои пухтакору гулдаст рўз ба рўз меафзояд. Нурулло ЊАСАНОВ, ноњияи Муъминобод

МАРЊИЛАИ НАВИНИ РУШДИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР НОЊИЯИ ВАХШ Соли нави хонишро маорифчиёни ноњияи Вахш бо хушї истиќбол гирифтанд. Бинои МТМУ №14, бо маблаѓгузории Бунёди миллии иљтимої ва маблаѓгузории Тољикистон, барои тањсили 2110 хонанда дар як басти таълимї бунёд гардидааст. Њамчунин, МТМУ №7 мавриди истифода ќарор дода мешавад. Лоињаи мактаби навбунёд бо маблаѓгузории 2 миллиону 400 њазор сомонї аз љониби кишвари Арабистони Саудї амалї гардида, он аз 11 синфхонаи таълимї ва якчанд њуљрањои дигари хизматрасонї иборат мебошад.

Ба гуфтаи Сайфиддин Валиев, мудири маориф, дар ноњияи Вахш 66 муассисаи тахсилоти миёнаи умумї арзи вуљуд дорад, ки дар онњо 44 њазору 909 хонанда тањсил менамоянд. Дар баробари бунёди мактабњои нав дар соли љорї дар назди муассисањои тањсилоти миёнаи умумии ноњия 15 синфхонаи иловагї сохта ба истифода дода мешавад. Дар баробари бунёди мактабњо аз њисоби буљети давлатї ва сармоягузории шарикони рушд инчунин, аз њисоби сањмгузории аъзои КИ ЊХДТ ва узви фаъоли њизби мазкур Саъдулло Љўраев

бунёди бинои нави МТМУ №47 иборат аз 15 синфхона дар назар дошта шудааст. Итминон дорем, ки дар солњои наздик муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №80 низ аз се баст бароварда мешавад. Бинобар маълумотњои манбаъ дар ноњияи Вахш 8 муассисаи тањсилоти томактабї ва 23 Маркази рушди кўдак арзи вуљуд доранд. Дар умум, ба истиснои норасоии 10 нафар омўзгорони фанњои физика, кимиё ва биология боќї мушкилињои соњаи таълиму тарбия роњи њаллу фасли худро пайдо карда истодаанд. С. ЉАМОЛИДДИН

ДУ ДАСТАИ ВИЛОЯТ НОКОМ ГАШТ

Рўзи 24-уми августи соли 2020 бозињои даври 13-уми Чемпионати Тољикистон оид ба футбол миёни дастањои Лигаи олї баргузор гаштанд. Тими мунтахаби “Хатлон”-и шањри Бохтар дар доираи ин давр дар варзишгоњи “Пахтакор”-и шањри Бохтар бо дастаи “КМВА”-и шањри Душанбе сабќат намуд. Вохўрии дастањо хеле пуршиддат сурат гирифт, аммо ба задани гол даст наёфтанд.

Њамин тавр дар ин вохўрї дастањо имтиёзњоро миёни худ таќсим намуданд. Дастаи “Файзканд”-и ноњияи Восеъ бошад, дар сафар бо тими “Хуљанд”-и шањри Хуљанд дидор анљом дод. Дидори дастањо дар варзишгоњи марказии шањри Хуљанд сурат гирифт, ки бозї бо њисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анљом ёфт. Тибќи иттилои Федератсияи футболи Тољикистон вохўрињои даври 14-уми мусобиќаи Лигаи олии футбол миёни дастањои “Файзканд” - “КМВА” ва “Душанбе-83”- “Хатлон”, ки бояд рўзњои 28-29-уми август доир мегардиданд, ба рўзњои 7-8 ва 11 сентябр гузаронида мешаванд. Фирдавс УМАРОВ, коромўзи «Хатлон»

ПОДОШИ АМАЛ МАРДУМФИРЕБ БА ДАСТ АФТОД Мардумфиребї рафтори зишт ва берун аз марзи кирдори инсонї буда, иљрокунандаи ин амал агар дар назди виљдон хиљолат нашавад, дар назди ќонун њатман љавоби кирдори содирнамудаашро медињад. Шарбатов Акрам, њангоми дар мансаби сармутахассиси шуъбаи иќтисод ва савдои маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Кўшониён адои вазифа карданаш бо шањрванд Абдурањмонова Марал шинос мешавад. Дар рафти суњбат маълум мешавад, ки ба номбурда дипломи ихтисосњои дўзандагї ва кадбонугї лозим аст. Шарбатов А. худро шахси мансабдор муаррифї карда, дидаю дониста, ки ваколати тайёр кардани дипломњои мазкурро надошт, ба хотири бо роњи фиреб ба даст овардани маблаѓи муфт ўро бовар кунондааст, ки бар ивази 10 њазор сомонї мушкилоташро њал мекунад. Судшаванда бо ин васила ба боварии Абдурањмонова М. даромада, маротибаи аввал дар назди муљассамаи И. Сомонии шањри Бохтар маблаѓи

БАРЊАМ МЕХЎРАД

2650 сомонї, маротибаи дуюм дар назди бозори “Фаровон”-и шањри Бохтар 350 сомонии корафтодаро гирифта, овардани 7 њазор сомонии боќимондаро шарт мегузорад. Њамин тариќ, охирон маротиба барои кирдори љинояткоронаи худро ба анљом расонидан бо Абдурањмонова Марал вохўрда, бо роњи фиреб аз ў маблаѓи 7 њазор сомониро аз худ мекунад, ки дар љойи њодиса аз тарафи кормандони РАНДМ ва МК дар вилояти Хатлон дастгир мешавад. Шарбатов Акрам Ширинович дар содир кардани љиноят мутобиќ ба моддаи 247 ќисми 2 бандњои «в,г»-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањкор дониста, бо далели он, ки оиладор ва дар тарбияаш ду фарзанд дорад, бо дастрасии моддаи 63-и њамин кодекс нисбаташ љазои сабуктар-дусад нишондињанда, баробар ба ёздањ њазору шашсад сомонї, ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Ташкилоти љамъиятии «Занњои ташаббускор»-и вилояти Хатлон, ки аз 11 майи соли 2011, тањти раќами ќайди ИЉ:347 дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба ќайди давлатї гирифта шуда аст, бинобар сабаби фаъолият надоштанаш барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњо дар давоми 1 (як) моњ пас аз чопи эълон ќабул карда мешавад. Телефон барои маълумот: 919-910-100. РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Комрон РАСУЛОВ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

Дурандеш ИБРОЊИМЗОДА, судяи Суди шањри Бохтар

Шањодатномаи гумшудаи силсилаи АБ №318650, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1995 МТМУ №12-и шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) ба Љумабоев Фахриддин Толибжонович додааст, эътибор надорад.

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 26.08.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10200 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №40-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu