ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №4 (3293)
ПАНЉШАНБЕ, 21 январи соли 2021
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА АЗ КОРЊОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРЇ ДАР НОЊИЯИ КЎШОНИЁН
ЉАЛАСАИ ЉАМЪБАСТЇ ДАСТОВАРДЊО ЌАНОТБАХШ, НАЌШАЊОИ МУЊИМ ДАР ПЕШ 19 январи соли равон дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят љаласаи љамъбасти натиљањои рушди иљтимоиву иќтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 доир гардид. Дар кори љаласа Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода, роњбарони як ќатор кумитаву вазоратњо, раисони шањру ноњияњо, роњбарони ташкилоту муассиса, масъулини маќомоти андоз, молия, омор, кумитаи замин, маќомоти њифзи њуќуќ ширкат доштанд. Љамъомадро раиси вилояти Хатлон, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќурбон Њакимзода оѓоз бахшида, таъкид дошт, ки соли 2020 бо дастоварду пешравињои ноилшудаи мардуми шарифи Тољикистон ба сифати боз як соли бобарор ва рўйдодњои нињоят муњиму хотирмон соли воќеан таърихї буд. Татбиќи чорабинињои сиёсиву фарњангї, аз љумла интихоботи вакилон ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, интихоботи Президент ва маросими савгандёдкунии Президенти Љумњурии Тољикистон, сафарњои кории Пешвои муаззами миллат ба шањру ноњияњои вилоят, бо муњимтарин пањлуњои њаёти сиёсиву иќтисодї, иљтимої, пешгирии њама гуна хатарњои замони муосир, аз љумла вабои аср-коронавирус дар ватани азизамон сањифањои наву дастовардњои иќтисодиву иљтимої боќї монд. Чуноне ки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода иброз дошт, зањматкашони
вилояти Хатлон низ барои таъмини чор њадафи стратегии кишвар, ки ба рушди устувори иќтисодиёт, баланд бардоштани сатњи некуањволии мардум, таъсиси коргоњњои нав, истифодаи самараноки иќтидорњои мављуда, таъсиси љойњои нави корї, рушди соњибкорї, бахусус дар самти истењсоли мањсулоти воридотиивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда, афзоиши содироти молу мањсулоти гуногун, рушди соњаи комплекси агросаноатї, коммуникатсионї, хизматрасонињои коммуналї, њунарњои мардумї, мустањкам намудани заминаи моддиву техникии соњањои иљтимоиёт, сайёњї, вусъатбахшї ба корњои ободониву созандагї, ки тибќи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат ба ифтихори санаи муњим-љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон тарњрезї гардиданд, ба роњ монда, дар ин самт ба комёбиву дастовардњои назаррас ноил гардиданд. Сипас, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба рушди иќтисодиву иљтимоии вилояти Хатлон дар соли 2020 њисоботи муфассал дод. Чуноне ки зикр шуд, дар соли гузашта иљрои наќшаи андоз таъмин ва ба буљет нисбати њамин давраи соли 2019 зиёд маблаѓ ворид гардид. Дар ин давра музди мењнати кормандони соњаи буљетї пурра маблаѓгузорї шудааст. Њаљми гардиши мол дар соњаи савдо афзоиш ёфтааст. Новобаста ба таъсири пањншавии
бемории КОВИД-19 содирот намудани молу мањсулот нисбати њамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт. Чуноне ки муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни њисобот ёдовар гардид, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бобати таъмини иљрои дастуру супоришњои Сарвари давлат бањри дастгирии давлатии фаъолияти соњибкорї, бахусус соњибкории хурду миёна дар њалли масъалањои иттилоотї, ташкиливу њуќуќї ва молиявиву ќарздињї корњои муайянеро амалї намуд. Дар вилоят шумораи соњибкорони инфиродї зиёд гардид. Њаљми маљмўи мањсулоти кишоварзї ба маротиб афзоиш ёфт. Зимни њисоботи муовини раиси вилояти Хатлон оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахши соњањои иќтисодию иљтимоии вилоят дар давраи зимистони солњои 2020-2021, саноат, энергетика, сохтмон, меъморї, наќлиёт, алоќа, кишоварзї, мењнат, муњољират, шуѓли ањолї, суѓуртаи иљтимої, нафаќа, маориф ва илм, тандурустї, фарњанг, варзиш, љавонон, кор бо занон ва оила, сайёњї ва њунарњои мардумї, иттилоот ва табъу нашр, дин, танзими анъана ва љашну маросим, вазъи нигоњдории тартиботи љамъиятї, мурољиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї ибрози назар намуд. Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода зимни суханронї доир ба рушди иќтисодиву иљтимоии вилояти Хатлон ёдовар гардида, оид ба иљроиши барномањои рушди соњањои маориф, тандурустї ва
дигар лоињањои сармоягузорї дастуру супоришњо дод. Сарвазири мамлакат, њамчунин, бобати истењсол ё худ дўхти либосњои мактабї дар ќаламрави вилоят таъкид намуд, ки њанўз њам истењсоли либосњои мактабї кам мебошад. Њамин тавр, Ќоњир Расулзода љињати саноатикунонии мамлакат, зиёд намудани истењсоли нахи пахта, афзун намудани мањсулоти кишоварзї, истењсоли шир, макарон, сарфакорона истифода бурдани неруи барќ, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва рушди саноат дар вилояти Хатлон, ки дорои базаи ашёи хоми дохилї мебошад, таъкид ба миён овард. Чуноне ки Сарвазири мамлакат таъкид дошт, иљроиши барномањо барои рушди иќтисодиву иљтимої заминаи мустањкам мегузорад. Њамин тавр, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба раисони шањру ноњияњо, роњбарони ташкилоту муассисањои дахлдор љињати хуб ба роњ мондани фаъолияти соњањои иќтисодиву иљтимої, таъмири иншоотњои обрасон, истифодаи оќилонаи њар як ваљаб замин, кишти зироатњои барваќтї, мањсулоти зери плёнка, картошка ва омода намудани техника ба киштукори бањорї, тоза намудани љўйю зањкашњо дастуру супоришњо доданд. А. САФАРЗОДА, «Хатлон» Аксбардор Умед МУРОДОВ
Ободгари ватан
БЕЊТАРИНЊО ЌАДРДОНЇ ШУДАНД Бо ширкати раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода ва роњбарони як ќатор вазорату кумитањо, раисони шањру ноњияњо озмуни вилоятии “Ободгари ватан” љамъбаст гардид. Бояд тазаккур дод, ки бо маќсади иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22 майи соли 2018 №АП 1059, оид ба омодагии њамаљониба ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилоят як ќатор корњои назаррас ба анљом расонида шуд. Дар ин раванд сањми соњибкорон ва шахсони саховатпеша низ љињати ободониву созандагї назаррас мебошад. Барои њавасмандгардонии шахсони сањмгузор бо ќарори раиси вилояти Хатлон №41 аз 12 феврали соли 2019 озмуни вилоятии “Ободгари ватан” эълон гардида буд, ки њар семоња ѓолибони озмун муайян карда мешаванд. Дар семоњаи чоруми соли сипаригардида низ ѓолибон эълон гардид ва бо сипоснома ва туњфањои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. Дар ин навбат 14 нафар соњибкорон, шахсони саховатпеша, некандеш, аз љумла Илњом Рањматов барои сањм гузоштан дар таъмири биноњо, равшаннамої ва чароѓонкунии намои биноњо дар шањри Бохтар бо сипоснома ва туњфаи хотиравии раиси вилоят сарфароз гардид. Њамчунин, Шодиљон Раљабов, барои бунёди маркази саломатї дар дењаи Дењбаланди ноњияи Муъминобод, Хуршед
Нозимов, барои бунёди МТМУ №2 дар кўчаи Рўдакии Љамоати шањраки “Фархор”-и ноњияи Фархор барои 2000 љойи хониш, яъне бунёди муассисаи таълимии њозиразамон ва насби таљњизотњои муосир, Сайнурдин Сайфов љињати мумфаршкунонии 1,5 километр роњи мањаллї дар Љамоати дењоти “Навобод”-и ноњияи Љалолиддини Балхї бо сипоснома ва туњфаи хотиравии раиси вилоят ќадр гардиданд. Дар њамин раванд Абдулњафиз Гулонов, Сафаралї Сафаров, Муњаммадалї Асадзода, Хуршед Мањмадалиев, Иноят Холов, Абдуњалим Љобиров, Абдурањим Ќурбонов, Ориф Раљабов, Раљабалї Нозилов, аз шањру ноњияњои Норак, Љ. Балхї, Шањритус, Хуросон, Мир Сайид Алии Њамадонї, Восеъ, Данѓара барои бунёди майдончаи варзишї, биноњои истиќоматї, бинои маркази саломатї, сохтмони бинои баландошёна, сохта ба истифо-
да додани мактаб ва ѓайрањо ѓолиби озмуни “Ободгари ватан” гардиданд. Сипоснома ва туњфањои хотиравиро ба ѓолибон раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ва Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода супурда, љињати сањми арзандаашон дар рушду нумўи кишвар, ободониву созандагї изњори сипос намуданд. Њамчунин, дар љаласаи љамъбасти натиљањои рушди иќтисодиву иљтимоии вилояти Хатлон ѓолибони озмуни “Бењтарин шањраку дењот” низ ќадрдонї гардиданд. Чуноне ки муовини раиси вилоят Низом Мирзозода њини ироаи ќарори комиссияи вилоятї таъкид дошт, озмуни “Бењтарин шањраку дењот” бо маќсади иљрои талаботи банди 34-и наќша-чорабинињои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6 марти соли 2019 “Дар бораи эълон гардидани солњои
2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї” роњандозї гардидааст. Њадафи озмуни вилоятї, пеш аз њама, амалї намудани дастури Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мањсуб ёфта, љињати вусъат додани корњои ободонї, бунёдкориву созандагї, љалби сармоя ва соњибкорони ватанї, мусоидат ба рушди иљтимоиву иќтисодї, таъсиси љойњои нави корї дар вилоят, шањру ноњияњо, љамоатњои шањраку дењот замина мегузорад. Тавре ки равшан гардид, дар номинатсияи “Љамоати шањраки бењтарин” Љамоати шањраки “Шањритус”-и ноњияи Шањритус сазовори љойи 3-юм дониста шуд ва бо Дипломи дараљаи 3 ва 2000 сомонї сарфароз гардид. Љамоати шањраки “Исмоили Сомонї”, аз ноњияи Кўшониён бо гирифтани љойи 2-юм, Дипломи дараљаи 2 ва 4000 сомонї сазовор гашт. Љамоати шањраки “Њулбук”-и ноњияи Восеъ бошад, сазовори љойи 1-ум, Дипломи дараљаи 1 ва 6000 сомонї сарфароз гардид. Дар номинатсияи “Љамоати дењоти бењтарин” Љамоати дењоти “Ќумсангир”-и ноњияи Љайњун соњиби љойи 3-юм, Љамоати дењоти “20-солагии Истиќлолияти Тољикистон”-и ноњияи Вахш сазовори љойи 2-юм, Љамоати дењоти ба номи Исмат Шарипов, аз ноњияи Данѓара соњиби љойи 1-ум дониста шуд. Дењаи Тудабоёни Љамоати
дењоти “Чубек”-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї дар номинатсияи “Дењаи бењтарин” сазовори љойи 3-юм, дењаи Ориён, аз Љамоати дењоти “Фархор”-и ноњияи Фархор љойи 2-юм ва дењаи 30-солагии Истиќлолияти Тољикистон, аз Љамоати дењоти ба номи С. Айнии ноњияи Хуросон соњиби љойи 1-ум дониста шуданд. Дар наминатсияи “Мањаллаи бењтарин” бошад, мањаллаи Бошќалъа, аз ноњияи Ќубодиён сазовори љойи 3-юм, мањаллаи Умари Хаём, аз шањри Бохтар љойи 2-юм, мањаллаи Исмоили Сомонї, аз шањри Кўлоб сазовори љойи 1-ум дониста шуданд. Њамчунин, “Кўчаи бењтарин” кўчаи Борбад аз шањри Левакант, кўчаи Мањмадалї Њайдаров аз ноњияи Балхї ва кўчаи Мирзо Турсунзода аз Љамоати шањраки “Ёвон”-и ноњияи Ёвон дониста шуданд. Оилаи Ќаюмов Љумахон аз ноњияи Темурмалик, оилаи Абдулло Ёров, аз шањри Норак ва Абдуфайёз Одинаев, аз ноњияи Муъминобод дар номинатсияи “Оилаи бењтарин” ѓолиб баромаданд. Аз љамоатњои дењоти шањру ноњияњо бошад, дар вилоят оилаи Њаќназаров Ѓозї, аз ноњияи Панљ, Гулмад Одинаев, аз ноњияи Ш. Шоњин ва Мањмадалї Рањимов, аз ноњияи Ховалинг барандаи озмун гардиданд. Ба ѓолибон раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода Диплому мукофотпулињоро супурда, барояшон саломатї, бурдборї ва тозакорињои нав ба нав орзу намуданд. ВАХШОНА, “Хатлон” Аксбардор Умед МУРОДОВ
Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, 16 январ, бо маќсади шиносої аз рафти корњои ободонию бунёдкорї ба ноњияи Кўшониён сафар кард. Нахуст, раиси вилоят аз љараёни сохтмони бинои мењмонхона ва маркази саломатї, воќеъ дар шањраки Исмоили Сомонї, дидан намуд. Бинои мазкур дар асоси наќшаи чорабинињо ба муносибати љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз тарафи соњибкор Фаќерзода Анвар бунёд шуда истодааст. Бино дорои 14 њуљра, 20 љойи хоб, ду толори маљлисгоњ, тарабхона барои 300 нафар, як адад маркази савдо буда, арзиши лоињавии он 2 миллиону 773 њазор сомониро ташкил медињад. Инчунин, аз тарафи соњибкор сохтмони беморхонаи хусусии дорои 18 њуљраи духтурон ва 25 њуљраи хоби беморон босуръат идома дорад. Иншооти мазкур ба маблаѓи 2 миллиону 330 њазор сомонї сохта шуда истодааст. Тибќи наќша он дар арафаи љашни байналмилалии
Наврўз мавриди бањрабардорї ќарор дода мешавад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, инчунин, дар маркази ноњияи Кўшониён аз рафти корњои сохтмонї дар бинои шашошёнаи истиќоматї дидан намуд. Сохтмони бинои мазкур дар доираи омодагињо ба таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї аз љониби соњибкор Давлатов Дилшод ба наќша гирифта шудааст. Корњои сохтмонї моњи январи соли 2020 оѓоз гардида, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дар ошёнањои 2-6-ум манзилњои истиќоматї сохта мешаванд. Тибќи лоиња шумораи њуљрањо 30 ададро ташкил медињад. Њангоми ба истифода додани бинои мазкур дар маркази савдо 12 нафар сокинон ба кори доимї таъмин мешаванд. Дар корњои сохтмонї 20 нафар сокинони мањаллї ба кор љалб карда шуданд.
ЛАВЊИ «ЌАЊРАМОНОНИ ТОЉИКИСТОН» ЌОМАТ МЕАФРОЗАД
Дар доираи сафари худ ба ноњияи Кўшониён раиси вилоят Ќурбон Њакимзода аз рафти корњои сохтмонии пойдевори лавњи «Ќањрамонони миллат» дар маркази шањраки Исмоили Сомонї дидан намуд. Ќайд гардид, ки ин лавњи гиромидошт бо маќсади баланд бардоштани њувияти миллї ва арљгузорї ба корномаи фарзандони фарзонаи миллат бунёд мегардад. Сохтмони иншооти мазкур моњи ноябри соли 2020 оѓоз гардида, баландиаш 4,5 метр ва пањнояш 10 метр хоњад буд. Лоиња бо санъати баланди меъмории миллї тарњрезї гардида, корњои сохтмонї бо харљи беш аз 50 њазор сомонї љараён доранд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки њар яке аз Ќањрамонони Тољикистон Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Эмомалї Рањмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоњ Шоњтемур чун шахсони ватандўсту дурандеш барои муаррифии миллати тољик дар арсаи љањон, њимояи арзишњои миллию давлатдорї, барќарории сулњу субот ва
устувории давлат сањми бориз гузошта, бар зидди њама гуна равияњои зиёновари миллатгароиву људоиандозї мардонавор мубориза бурда, силсилаи иќдомоти иќтисодиву иљтимої ва фарњангиро барои тањкими арзишњои милливу суннатии тољикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми Тољикистон амалї намуданд. - Ин шахсони матиниродаву донишманд, оќилу дурандеш, сиёсатмадорони барљаста тамоми ќуввату дониш ва неруи маънавиашонро барои поягузорї ва бунёди давлати миллии тољикон равона сохтаанд, - ќайд кард раиси вилоят Ќурбон Њакимзода. – Ќомат афрохтани лавњи “Ќањрамонони Тољикистон” рамзи эњтирому арљгузорї ба зањмату љоннисорињои чењрањои мондагори миллат мебошад. Ќарор аст, ки бунёди лавњи мазкур дар хиёбони марказии ноњияи Кўшониён ояндаи наздик ба итмом бирасад. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон
2
ХАТЛОН
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНИ НАЗДИЊАВЛИГИИ СОКИНОНИ ДЕЊОТ
16 январ раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар Љамоати дењоти “Мењнатобод”-и ноњияи Кўшониён ба мењмонии якчанд оила омада, ба њолати истифодаи самараовари ќитъањои замини наздињавлигии онњо бањои баланд дод. Зимни боздид аз замини наздињавлигии оилаи Ворисовњо иттилоъ дода шуд, ки масоњати замини наздињавлигии онњо аз 0,13 га
иборат буда, айни њол дар ин замин картошка, гулкарам, сабзавот, аз љумла сабзї, турб кишт карда шудааст. Нурмањмад Ворисов ќайд кард, ки дар гармхонааш 4 њазор нињоли ќулфинайро парвариш мекунад ва мањсулоти тайёрро дар нимањои моњи март ба бозор мебарорад. Нурмањмад бо ањли оилааш њар сол аз замини наздињавлигиаш ду тонна боимљону ќаланфури булѓорї
ва беш аз ду тоннаи дигар њосили карамро ба даст меорад. Оила бо маќсади омодагї ба давраи зимистонгузаронї зиёда аз 500 кг гандум, 280 адад зарфњои консервагї, ним тонна пиёз, инчунин картошка ва ба миќдори зарурї донагињо захира намудааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар ин дења, њамчунин, аз замини наздињавлигии оилаи Шарифовњо дидан намуд. Масоњати замини наздињавлигии ин оила 0,15 гектарро ташкил дода, дар ќитъаи замини наздињавлигї картошка, гулкарам, сабзавоту полезї кишт шудааст. Оилаи Шарифовњо низ гармхона барои парвариши ќулфинай дошта, солона то ду-се њосил мерўёнанд. Раиси вилоят зимни мулоќот бо аъзои ин хонаводањо ќайд кард, ки имрўз зарурати истифодаи пурсамари њар як ваљаб замини дар ихтиёрдошта ба миён омадааст. Њар як оилаи дењотї бояд љињати рўёнидани ду-се њосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуќа барои ду соли оянда љидду љањд намояд.
ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА ДАР АЁДАТИ СОБИЌАДОРИ МЕЊНАТ Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода тибќи анъанаи роиљ, 16 январ ба аёдати собиќадори хизмати давлатї Абдулмуъмин Улфатов рафт. Зимни суњбат бо мењтари мењнат А. Улфатов раиси вилоят аз фаъолияти бисёрсолаи бенуќсони ў ёдовар гардида, њадяњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлонро супорид ва барояш осоиши зиндагї, рўзгори босаодат ва саломатии бардавом таманно кард. Ќайд гардид, ки ному фаъолияти Абдулмуъмин Улфатов намунаи ибрат буда, љавонон аз ў дарси одамият ва зањматкашиву ватандўстї меомўзанд. - Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон зањматњои бисёрсола ва бенуќсони Шуморо дар корзори мењнат, чун ходими давлатї, масъули арсаи кишоварзї, мутахассиси соњибиззат ва сиёсатмадори собиќадор хуб мешиносанд ва ќадр мекунанд, - изњор дошт раиси вилоят Ќурбон Њакимзода. Абдулмуъмин Улфатов дар гузашта раисии ноњияњои Кўшониёну Ќубодиёнро ба уњда дошта, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон буд. Дар љодаи хизмати давлатї шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.
Раиси вилоят њангоми мулоќот бо Абдулмуъмин Улфатов изњори итминон кард, ки ў боз солњои зиёд тамоми донишу таљрибаи худро барои ободии кишварамон, пойдории сулњу суботи љомеа, сањмгузорї дар пешрафти иќтисодиёти кишвар ва дигар њадафњои бунёдкорона равона сохта, бо идомаи амалњои созандаи худ барои ояндаи дурахшонтари давлату миллат таъсирбахш хоњад буд. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон
РЎЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
МАКТАБИ РОЊБАРИИ УЛФАТОВ Аз нахустин шиносоии мо, ки дар он солу замон вазифаи раиси ноњияи Бохтар (имрўза Кўшониён) –ро ба зимма дошт, дар симои ў мансабдори сахтгиру ќолабшикан ва сиёсатмадоре дар азму аќидаи худ устувор таљассум меёфт. Аз љаззобияти суханрониаш дар љаласањо, тобеонро нафас дар гулў ях мекард. Њолиё рањорањ то хонаи шахсияте, ки замоне дар суњбаташ на њар кас ѓайрати бањсу мунозира кардан дошт, лањзањои хотирмон аз љаласаву мусоњибањои бо иштироки ў пеши назар меомад, ки чї гуна Абдулмуъмин Улфатов ба гоњи дар аќидаву тасмимгирињо мавќеи раднопазир доштани худро бо зарби муште болои миз нуќта мегузошт. Ваќти ба сањни њавлї ворид шудани мо раис аз болои хараки назди мизи оростае бархоста, баъди салому њолпурсї дубора дар љойи худ нишаст. Аз нигоњи жарфу маънидоронааш пай бурдам, ки ба се соли беморию бознишастагиаш нигоњ накарда, феълан таѓйир наёфтааст ва он шуру эњсоси ватандорї ва андешањои таконбахш њанўз њам дар ў побарљост. Нахустин донишу таљрибањои роњбарї ва роњи устувор шудан дар арсаи сиёсатро њанўз овони таљрибаомўзї дар собиќ савхози Куйбишев (имрўза хољагии Файзалї Саидов) аз директори хољагї Воронин Юрий Дмитрович омўхта буд, ки ин марди фотењ тўли солњои 1945 - 1975 роњбарии хољагиро бар зимма дошт. -Ин панди Ю. Д Воронинро ман шиори худ дар зиндагї медонистам: « Дар љодаи роњбарї њар ќадаре, ки сахтгиру тундгў ва љиддї бошї њам, боке надорад, аммо муњим аз њама, инсони комил бош, ки одамият надоштани як мансабдор фољиаи бузургест барои љомеа» -бо ёдоварї аз нахустин роњбари савхози овозадори водии Вахш ќисса оѓоз кард Абдулмуъмин Улфатов. Баъди фаъолияти пурсамари агрономї дар боѓи хољагї ва ифои вазифаи сардори Раёсати кишоварзии ноњияи Бохтар (имрўза Кўшониён) Абдулмуъмин Улфатов соли 1995 директори савхози ба номи Файзалї Саидов таъйин шуд. Новобаста ба таљрибаи кофї ва огоњї аз тору пуди хољагї ба њайси идомадињандаи рисолати хољагидори номдор Ю.Д.
Воронин масъулияти нињоят бузургеро эњсос мекард. Чаро ки мардуми зањматкаш дар симои сарвари хољагї шахсиятеро мехостанд, ки шабењи он роњбари мардумписанд њама њастии худро дар роњи рушду пешрафт ва фаровонии њосили замину боѓоти хољагї бахшида, дар рўзи мабодо ѓамхору муттакои синфи коргар бошад. Дар он замону зинаи роњбарї, ки њалли мушкилињои киштукори хољагињои бузург он сў истад, сањмдорон барои аз буњрони иќтисодї баровардани хољагињои хурди дењќонї дармемонданд, раиси Абдулмуъмин бахшњои гуногуни соњаи кишоварзиро рушду ривољ дода, хољагиро дубора ба по хезонд. Аз нахустин лањзањои дар вазифањои роњбарї ў васияти падари бузургворашро пеши рў меовард, ки гуфта буд: "Дар аќидаи худ устувор ва андар тасмимгирињои муњим ончунон мустаќил бош, то ин ки аз андшеаву маслињати атрофиён хулосаи дуруст бароварда тавонї. Зеро дар фарљом масъулияту љавобгарии тадбирњоеро, ки пушаймонї меоранд, бар дўши туи танњо мемонад, ва иштибоњи зери таъсири дигарон содир намудаат, азоби виљдон дорад, ки бузургтарин фољиаи инсон дар зиндагист". Бо њамин пиндору эњсоси баланди масъулиятшиносї ва донишу таљрибаи аз устодони забардаст омўхтааш давоми 8 соли сарварии ў њосилнокии замину боѓистонњо сол аз сол бењтар шуда, хољагї аз лињози иќтисодї ба натиљањои дар гузашта машњуру овозадор баробар шуд. Дар замони раиси ноњияи Бохтар, имрўза Кўшониён, таъйин шуданаш, ки ба соли 2003 рост меояд ташаббусњои бунёдгузориву татбиќи барномањои рушди иќтисодї –иљтимої он тараф истад, аз набудани сарчашмањои андоз њатто маоши омўзгорон сари ваќт пардохт намешуд. Дар баробари ин љобаљогузории гурезањо, таъмини амнияту љалби онњо ба заминкорї ва дигар шуѓлњои муфид аз вазифањои аввалиндараљаи роњбарияти шањру навоњї ба њисоб мерафт. - Дар арсаи сиёсат наметавон, ки дар назари њама шахси хубу намунаи ибрат бинамої, зеро имкони ба њама хубї кардан вуљуд надорад. Биноан, барои як мансабдор муњим аз њама бадкирдор набошад, зеро халќ оинаи
њаќиќатнамоест, ки ягон неруи бузург тавони инкор кардани онро надорад, - андешамандона изњор дошт ходими давлатї. - Аз соли 1995, ки директори савхоз таъйин шуда, баъдан 10 соли раисии ноњияњои Кўшониёни имрўзаву Ќубодиён ва баъдан, аз соли 2013 то 2017 ба симати сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хатлон ифои вазифа бинмуданам, њама ваќт то иљрои наќшаву супоришњо мардумро бо љангу љидол, сиёсат роњнамої карда, пасон, дар доираи ягон маросимњои ќадрдонї кинаву кудуратро аз дилњояшон зудудаам. Ба гуфти њамсуњбатам дарёфту тарбия ва бар арсаи корзор баровардани љавонони лаёќатманд аз миёни халќ муњимтарин рисолатест, ки роњбарияти олии кишвар аз маъмурони мањалњо интизор аст. Аз ин лињоз, иштибоњ ва ё бемасъулиятї дар интихоби кадр гуноњест нобахшиданї. Бигзор солиён афроди нотавонбине нисбатат хусумату бадбинї намоянд, бигзор аз њар тараф фишору монеагузорї бошад, аммо агар барои як рўз њам, ки роњбар бошї, набояд, ки аз маќому ному обрўи ту дигарон суйиистифода намоянд, -гўён раиси Улфатов мушт болои миз мезанад. – Заъфияту беобрўии мансабдор аз лањзае шурўъ мешавад, ки њамсару фарзандонаш аз наќлиёти хизматии вай истифода мебаранд. Дар 22 соле, ки мансабњои гуногуни роњбариро ба уњда доштам, намегузоштам, ки нафаре аз пайвандонам худро фарзанди раис ё бародару дигар хешу табори ў тасаввур намоянд. Њолиё њам, ки кор кардаву ба хубї роњ рафта наметавонам, аммо дар хонаводаи худ, ки як давлати хурде ба њисоб меравад, ба ќавле “мусиќї”ро ман интихоб мекунам, - хандида иброз дошт дар фарљоми суњбат Абдулмуъмин. Аз суњбату ќиссапардозињои раиси номдор чї гуна гузаштани ваќт эњсос намешуд, вале як њайати табибон ба аёдаташ омаданду мо идомаи суњбатро ба ваќти дигар гузошта худоњофизї намудем. Рањорањ симои барљастаи ин инсони наљиб пеши назар меомаду суханони мондагораш танинандоз: «Сар аз њадди оилаи худ, то дар вазифањои пурмасъули љамъиятї сухани сарвар бояд мисли шамшер таъсиргузор бошад». Љамолиддин САЙФИДДИНОВ, «Хатлон»
ПАНЉШАНБЕ, 21 январи соли 2021, №4 (3293)
СЕМИНАРИ ОМЎЗИШЇ
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омўзишї дар мавзўи “Озмун барои ишѓоли мансабњои холї, бањодињии фаъолият, љойивазкунии (рататсияи) кадрњои роњбарикунанда ва тартиби эъломиякунонї дар хизмати давлатї” доир гашт. Семинари омўзиширо роњбари дастгоњи раиси вило-
яти Хатлон Ѓазалшо Сафарзода ва муовини якуми директори хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Ќосимзода Гурез Љўрахон њусни ифтитоњ бахшида, њозиринро бо ањдофи машварати омўзишї ошно намуданд. Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар ду марњила, тайи 4 рўз идома меёбад. Семинари омўзишї, пеш аз њама, љињати тањкими идоракунии захирањои инсонї ва мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатї, омўзиши санадњои меъёриву њуќуќї оид ба баргузории озмун барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї, бањодињии фаъолияти хизматчии давлатї, гузаронидани љойивазкунии кадрњои роњбарикунандаи хизматчии давлатї ва тартиби пур кардани эъломияњо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулк роњандозї гардидааст. Тавре ки дар боло таъкид доштем, масъули баргузории семинар аз љониби лоињаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатї сурат гирифт. Дар он намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо, раисони комиссияи озмун барои ишѓоли мансабњои холї, котибони комиссияњо ва аъзои комиссияи озмун барои ишѓоли мансабњои холї, роњбарони хадамотњои кадрї, масъулони масъалањои кадрии Сарраёсатњои молия, омор, Раёсатњои андоз, “Тољикстандарт”, суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, љавонон, кормандони шуъбаи Агентии хизмати давлатї дар вилоят ширкат доштанд.
3
ХАТЛОН
ПАНЉШАНБЕ, 21 январи соли 2021, №4 (3293)
Семинари илмї-амалї
САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛЇ Дар толори Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзўи «Тољикон»-и академик Бобољон Ѓафуров - сарчашмаи худшиносии миллї» семинари илмї -амалї баргузор гардид. Љўрабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дар оѓози семинар иброз дошт, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар мавриди сањми таърихнигорон чунин ќайд кардаанд: «Олимони таърихнигор ва љомеашиноси мо ва умуман ањли зиёи кишвар бояд дар омўзиш ва тарѓиби зиндагинома ва осори љовидонаи ин бузургмарди миллат сањмгузор бошанд». Давлаталї Алимов, мудири кафедраи таърихи умумї, доктори илмњои таърих, дар мавзўи “Мухтасари зиндагиномаи академик Бобољон Ѓафуров”, мудири кафедраи таърихи
халќи тољик, номзади илмњои таърих Казаков Рустам дар мавзўи “Аз таърихи таълифи “Тољикон”-и Бобољон Ѓафуров» маърўза карданд. Њамчунин, Файзиддин Наботов, мудири кафедраи методикаи
таълими таърих ва њуќуќ, номзади илмњои таърих дар мавзўи “Бобољон Ѓафуров дар ситоиши олимону сиёсатмадорони бузург” суханронї кард. Рустам Таѓоймуродов, доктори илмњои филологї наќши китоби
«Тољикон»-и Бобољон Ѓафуровро дар рушд ва нумўи таърихшиносии миллї њалкунанда арзёбї намуд. Ташаккули љањонбинии таърихии Б. Ѓафуровро устод Таѓоймуродов марњила ба марњила тањќиќ намуда, ќайд кард, ки мавзўи калидии тањќиќоти академик Бобољон Ѓафуровро таърихи халќи тољик аз замонњои ќадим то давраи муосир ташкил медињад. Бо фарохии мавзўи тањќиќотї, масъалагузорї ва њалли он дар заминаи маводњои нодиру дасти аввал ва тањќиќоти таърихшиносии љањонї Б. Ѓафуров имрўз низ дар таърихнигории тољик маќоми аввалиндараљаро соњиб мебошад. Аламшо Пиров, номзади илмњои фалсафа зикр кард, ки воќеан тањќиќоти Бобољон Ѓафуров, ба вижа «Тољикон»-и ў дар таърихшиносии миллї њамчун асари бунёдии љамъбастї то ба имрўз арзиши баланди илмии худро нигоњ медорад ва ояндањо нигоњ хоњад дошт. Имрони КОМРОН
Аниси кунљи танњої...
ГАНЉИНА ДАР ДЕЊАИ ДАРАИ ОБ
КОРХОНАИ МЕБЕЛСОЗЇ ДАР ШАЊРИ КЎЛОБ Ба хотири дар сатњи баланд истиќбол гирифтани љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Кўлоб корњои ободониву созандагї ва бунёдкорї дар ављ буда, боз як корхонаи наву замонавии мебелсозии “Њаким” ба фаъолият оѓоз намуд. 17-уми январи соли 2021 бо иштироки роњбари гурўњи корї оид ба омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Кўлоб, ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Абдуљаббор Рањмонзода, раиси шањри Кўлоб Абдуќодир Вализода, кормандони дигар ташкилоту идорањо корхонаи номбурда мавриди истифода ќарор дода шуд. Дар корхона таљњизоти истењсолї аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардида, дар он дару тиреза, мизу курсињои муосир ва дигар намуди мебелњои хушсифат истењсол мешаванд. Дар коргоњи наву замонавї
«Миллати мо аз ќадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд њифз карда идома бидињем». Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН Китобхонаи дењаи Дараи об китобхонаи бењтарини ноњияи Ш. Шоњин ба њисоб меравад. Таърихи таъсисёбии китобхона ба солњои 1946-1948 рост меояд. Нахуст директори ин китобхона Ѓафур Каримов буд. Сипас Боркаш Абдуллоев, Назар Таѓоев шуданд. Њоло бошад, Ќурбон Каримов вазифаи директори китобхонаи ин дењаро ба дўш дорад. Ў муддати чил сол мешавад дар ташкил намудани китобхона ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон сањми назаррас дорад. Дўстодорони китоб ва хонандаго-
ни ин дења метавонанд аз тамоми китобњои лозима истифода баранд. - Китобхонаи мо дорои 5363 адад китоб мебошад. Бояд гуфт, ки китоб нињоли аќлу зењну тафаккури инсонро сероб мегардонад ва тамоми дастовардњои инсонї низ мањз аз китоб мебошад. Њамарўза 15-20 нафар ба китобхона барои мутолиаи осори ниёгон ташриф меоранд. Соли 2020 хонандагони китобхона дар озмуни "Фурўѓи субњи доної китоб аст" иштирок карда, сазовори љойи ифтихорї ва мукофоти пулї гарди-
данд. Олим Сайдалиев, Нуралї Каримов, Ќиёмиддин Наимов, Фарњод Исроилов, Мањмадалї Ќурбонов, Зулфия Назриева, Њуронбї Барфиева, Нуќра Њанисова ва дигарон аз зумраи он хонандагоне мебошанд, ки бештари ваќти худро дар китобхона ба мутолиаи китоб мегузаронанд. Њар хонандаи фаъоли китобхона моње то 2-3 китобро мутолиа мекунад, - мегўяд Ќурбон Каримов. Сахидоди Амирхон, хонандаи фаъоли китобхона, њангоми суњбат чунин гуфт: «Китобхонаи дења љойи дўстдоштаи мо мебошад, дари он њамеша кушода аст. Мо метавонем китоби дилхоњи худро аз ин хазинаи илму дониш дастрас намоем. Аз директори китобхона барои муњайё
РЎ БА КИТОБ ОВАРЕМ 10 нафар сокинони мањалла бо љойи кори доимї ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар охир ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Абдуљаббор Рањмонзода ва раиси шањри Кўлоб Вализода
Абдуќодир таваљљуњи соњибкор ва коргарони корхонаро ба истењсоли мањсулоти дар бозор раќобатпазир ва таъмин намудани бозор бо мањсулоти аълосифат љалб намуданд. У. ФИРДАВС
САДА: АЗ АЊДИ НИЁГОН ТО БА ИМРЎЗ
Дар бораи пайдоиши љашни Сада назарњо гуногун мебошанд. Баъзе муњаќќиќон ва донишмандон онро љашни замони ориёї мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёињо медонанд. Вале ба њар сурат пайдоиши љашни Сада ва устурањои марбут ба он ба масъалаи таљљамўи рўшної ва оташ вобаста мебошад ва аз тањаввули ташаккули ќавмњои ориёї дарак медињанд, ки онњо ин љашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдињо онро то рўзгори мо расониданд. Агар аз ин нуќтаи назар ба љашни Сада наздик шавем, нахуст аз њама моњияти маќулањои хуршед, рўшної ва оташ пеши назар меоянд, ки њар кадомаш ба њаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба њамагон маълум аст, ки мањз ба воситаи рўшноии Хуршед тамоми мављудоти олам зинда аст ва њаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштањои худ ишорати љолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни ќуввањои сершумори бадї, дар дашту љангалњои Осиёи Марказї, ки љони инсонро дар азоб ва ба тањлука меандохт, бахусус хушкї ва торикї бисёр зиёновар буданд. Онњо дарёфта буданд, ки бар зидди неруњои номбаршудаи бадї, озар ё оташ ва раъду барќ муассир буданд. Бар зидди торикї бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муќаддас дониста мешуд. Нисбати њамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди ќавмњои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст». Њамин хусусиятро инсонњои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед бањра мебурданд ва алоњида онро ниёиш карда, пасон, рўшної ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурњои табииро кашф карданд ва ба онњо эътиќод оварда, ба парастишашон оѓоз намуданд, ки баъдњо муљиби пайдо шудани љашни Сада гардидааст. Љашни Садаро мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиќбол мегирад. Яке аз усулњои идгузаронї чунин аст: Дар дањумин рўз ё Обонрўз аз бањманмоњ бо афрўхтани њезуме, ки мардум аз пагоњї бар боми хонаи худ ё бар баландии кўњистон гирд меоварданд, ин љашн оѓоз мешавад. Дар ишороте торих, ин љашн њамеша ба шакле дастаљамъї ва бо гирдињамойии њамаи мардумони шањр, мањалла ва русто дар якљо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Дар љашни Сада маросими афрўхтани оташ ва паридан аз болои он ривољ доштааст. Ин расм дар миёни насронињо, ба вижа русњо, њамчун љашни «масленница» роиљ аст. Баъдњо низ ин љашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ
љойгоњи хос доштааст. Вале дар давоми ќариб як аср агар он ба таври расмї њамчун оини хурофотї эълон шуда бошад њам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва љойњои алоњида њамчун љузъи маросими мардумї шинохта мешуд ва таљлил мегардид. Нишонањои эњтиром ба оташ ва боварњое ба љашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклњои гуногун муаррифї мешуданд, ки ќисме аз он дар рўзгори мардуми мо дар шакли наќлњои устураї, боварњо ба оташ, алавгардонї, маќолу зарбулмасал, таъбир ва оини халќї пойбарљост. Масалан, агар оташи оташдони хонаводае хомўш шавад, ин фоли бад буд. То имрўз дар миёни мардуми тољик нишонањое аз муќддас будани оташ дар шакли таъбир ва маќол боќї мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомўш нашавад», «Худоё, чироѓи хонаат њамеша даргирон бошад» (фарзандталабї, бахусус барои писар), «Худоё, њич кас бечироѓ нашавад» (беписар набошад), «Вай бечора бечироѓ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зўр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонї чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин. Њамчунон, ба сифати ќасам дар байни халќ таъбирњои зиёд роиљ аст, ки ба оини оташ ва љашни Сада мансубият доранд. Масалан, «Алав занад, ки…», «Ба оташ сўзам, ки…», “Дар сарат алов”, «Агар њамин кора ман карда бошам, илоњї мисли чўб дар оташ дар гирам…» ва ѓайра То солњои 70 садаи ХХ дар баъзе дењоти кўњистони Тољикистон ва дар байни тољикони Осиёи Миёна мушоњида мешуд, ки дар айни ављи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани бањор, гурўње аз одамон ба дашту сањро, ё дар байни боѓи худ, хору хасу буттаву чўбњои хушки дарахтонро љамъ оварда, оташ афрўхта шодмонї менамуданд. Наврасону љавонон дар гирди ин оташ бозиву шўхї ва њунарнамої менамуданд. Ин њамон нишонаи љашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиќод ба гузашта, то замони мо овардаанд. Аз ин ишорањо маълум мешавад, ки дар хотираи фарњангии халќи тољик љашни Сада маќоме мисли љашнњои Наврўз ва Мењргон дорад. Њоло аз баракати Истиќлолияти кишвари азизамон љашни Сада эњё гардид. Акнун шукўњи бостонии он сол то сол барќарор мегардад. Дар љашни Сада созњои миллї, навъњои гуногуни њунарњои мардумї, мањорати пазандагони моњир, навъњои таомњои суннатї, порчањои атласу адрасбофї, зардўзї, гулдўзї, ќолинбофї, заргарї, либосњои миллии зимистонї, намоиши расму оинњои мардумї, раќсу сурудњо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. То бо ин шодмонию хурсандї зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар љањонро мунаввар намудани Хуршеди бањорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рўзгор мадад намоем. Мардум дар њамин рўз, ба хотири љашни Сада љамъ меоянд, базм меороянд, хурсандї карда, чорабинињои фарњангї ташкил менамоянд. Инчунин, намоиши фурўши нињолу дарахтон ва гулу гулбуттањоро боз њам бештар ташкил карда, мардум ба дарахтшинонї ва гулшинонї љалб мешаванд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барљомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон рафта, онњоро дилбардорї кардан расм шудааст. Дар њаќиќат, љашни Сада, ба мисли љашни Наврўзу Мењргон љашни ободкорї ва кишоварзон мебошад, ки тамоми ќишрњои љомеа аз он дастгирї намуда, маросимњои онро риоя карда, аз баргузориаш изњори шодмонї мекунанд. «Хатлон»
Китоб василаи муњими ахбори оммавї, илмї ва техникї, аслињаи пурзўри муборизаи сиёсию идеологї буда пањнкунанда ва ташвиќотчии дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми хеш ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид доштанд: «Мо бояд нишондињандањои таъмини сифатро дар њамаи зинањои тањсилот бо стандартњои љањонї наздик созем, њамкории муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектњои бозори мењнат густариш бахшем». Дар њошияи ин суханон ќайд карданиам, ки тамоми пешравии љомеа дар асоси таълим ва тарбия ривољ меёбад. Таълим ва тарбия бошад дар асоси мутолиа намудани китоб ва адабиётњои соњавї ба вуљуд меояд. Чунки соњаи асосии пешрафти љомеа ин маориф ва илм мебошад. Илм ва маориф бе мутахассиси соњавї ва зарурї пурќувват шуда наметавонад ва пеш намеравад. Барои пешравии кишва-
ри азизамон доир ба ин ё он соњаи илм техника ва маданият, кадрњои соњибтахассус лозим аст, ки дар айни замон љавононро ба ин соња пешрав созем. Аз ин хотир, њар як шахси комилњуќуќ, хонанда, донишљў ва мутахассиси ин ё он соња бояд як ваќти муайян барои мутолиаи китоб људо кунад. Дастрас кардани ин ё он адабиёт ва китоб дар шароити имрўзаи мамлакати азизамон бисёр ќулай ва осон шудааст. Аз љумла, тамоми китобхонањо, аз китобхонањои дењотї то китобхонањои марказї, вилоятиву љумњуриявї кор ва амал карда истодааст. Як мушкилии асосии имрўзаи љомеа дар он аст, ки мардум ба китобхонањо намераванд ва кам ба мутолиаи китоб диќќат медињанд. Дар нимаи дуюми асри 20 аз љињати китобхонї ва китобдорї ИЉШС (СССР) дар љањон љои аввалро ишѓол мекард. Дар замони муосир бошад, Љопон (Япония),
Чин (Хитой), Њиндустон, аз љињати китобхонї љои намоёнро (аввалро) сазовор гаштаанд ва дар љањон аз љињати истењсоли электроника ва техника низ љои намоёнро ишѓол кардаанд. Миллати тољик њамчун узви мардуми ориёї, яке аз халќњои ќадимтарини љањон ба њисоб меравад, ки он аз сањифањои дурахшони ќањрамонию мардонагї, китобдориву китобсозї ва таназзулу фољиањо саршор мебошад. Момардуми Тољикистон сањифањои дурахшони таърихи аљдодони хешро дар мубориза бањри муњофизати ватани худ бар зидди аљнабиёни маќдунї, арабњо, муѓулњо медонем. Таърих гувоњ аст, ки гузаштагони мо на бо љангу љидол, балки бо инкишофи кишоварзї, бунёду ободии шањрњои бостонї, ба монанди Самарќанду Бухоро, Хуљанду Њирот, офаридани яке аз ќадимтарин китобњои муќаддаси љањонї – «Авесто» ва инчунин бо фарзандони баруманд,
Терроризм ва экстремизм бо њамдигар зич алоќаманд буда, як ќувваи махсуси хатарозоро нисбат ба сиёсати давлат ташкил мекунад, ки ин ќувва барои нооромии зисту зиндагии мардум дар љомеа ва давлат оварда мерасонад. Саволе ба вуљуд меояд: “Барои чї ва дар кадом асос ин ќувваи мудњишу ифротї, террористї
ва экстремистї ташкил мешавад? Сарчашмаи асосии ташкил шудани ин ќувва аз куљо пайдо мешавад? Ба ин савол чандин мутахассисон ба аќидаи гуногун љавоб гузоштаанд. Лекин љавоби асосї то њол дар љустуљў аст. Ба аќидаи шахсии ман ин гуна гурўњњои мухолифин ё худ терроризм ва экстремизм дар асоси маблаѓгузории пинњонї ба амал оварда мешавад. Дар охир он ба як гурўњи хурд ё калони террористї ва экстремистї оварда мерасонад. Ин гуна гурўњњо одатан дар мамлакатњои исломї ва ё мамлакатњои аз љињати иќтисодї паст (камбаѓал) ташкил карда мешаванд. Чунки дар ин давлатњо нозукињо ва захми шифонаёфта вуљуд дорад, аз њамин сабаб модари ин гурўњњо мехоњад дар ин давлатњо тухми ифротї ва экстремистии худро корад, ки оќибат ин тухма чун дарахте инкишоф ёбаду нооромиву бадбахтиро дар байни мардум ба вуљуд орад. Агар ин тухма сари ваќт нест нашавад, оќибат он мева мебандад ва аз њар як меваи он чанд њазор ва аз ин њам зиёд дарахт мерўяд. Кандани решаи ин дарахти талх, ки ба љомеа хатарнок мебошад, њатмї мебошад. Ин дарахти манфур, ки онро дар мамлакатњои Афѓонистон, Сурия, Ироќ, Эфиопия, ќисми Эрон, Покистон, Мехико дар нимаи дуюми асри XX шинонда буданд, то њол “об” мехўрад. Љомеаи љањонї бояд ба як хулоса омада, сарчашмаи пайдоиши онро ќатъ кунад, вагарна бо љоришавии оби ин чашма шумораи ин дарахтон рўз ба рўз зиёд мегар-
Дар доираи омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањраку дењоти ноњияи Абдурањмони Љомї бунёди 195 иншооти љашнї ба наќша гирифта шудааст. Тавре ки Фатњулло Зеров, мудири шуъбаи меъмории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Абдурањмони Љомї иттилоъ дод, то имрўз аз шумораи умумии иншооти љашнї сохтмони 158 лоињаи љашнї ба итмом расида, мавриди истифодабарї ќарор дода шудааст. Аз љумла, 24 иншоот дар соли 2018
ва 68 иншоотро дар соли 2019-ум сохта ба истифода доданд. Дар соли сипаригардида бошад, бо ташаббусу њамдастии соњибкорону ањолї 52 иншооти гуногуни хизматрасонї бунёд ёфт. Ба гуфтаи манбаъ дар доираи корњои бунёдкорї дар шањраку дењоти ноњияи Абдурањмони Љомї дањњо лоињањо, аз ќабили толору майдончањои варзишї, майдончањои бозии кўдакон, сехњои дўзандагї ва адрасу ќолинбофї, таъмири роњњои мањаллї, равшанкунонии кўчаю мањаллањо, азнавсозии пулњои мошингузар, сохтмони бунгоњњои тиббї ва ѓайрањо амалї гардидааст. Роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Абдурањмони Љомї тасмим гирифтааст, ки бо дастгириву њамовозии соњибкорону ањли љамоатчигии ноњия, наќшаи чорабинињо оид ба корњои ободониву бунёдкориро сари ваќт иљро намуда, љашни 30- солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро дар сатњи баланд истиќбол намоянд. Љамолиддин САЙФИДДИН, «Хатлон»
САЊМИ МАРДУМ ДАР РУШДИ ДЕЊА
кардани чунин шароити хуб миннатдорем». Ба назар мерасад, ки шавќу завќи хонандагон рўз ба рўз ба китобхонї зиёд шуда, шумораи аъзои ин даргоњ низ рў ба афзоиш нињодааст. М. НАЗИРОВ олимон ва шоирон, эљодкорон ва њунармандон ба љањониён шинохта шуд. Халќи тољик махсусан, дар замони њуљумњои забткоронаи аљнабиёни муѓул тањдиди сахти нестшавии љисмониро аз сар гузаронид, ки садњо њазор нафар фарзандонашро сар бурида, шањру дењањои ободро ба харобазор табдил доданд. Мардумони ин диёр ба муќобили душман дар баробари сипар фарњанг, китоб ва адабиёти худро пеш гузошт, ба онњо иттифоќ, њамзистиву њамкориро пешнињод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аљнабиён ва душман бартарии илму маърифатро исбот намуд, онњоро низ ба њамин роњ њидоят сохт. Ва дар таърихи навтарини љањон соњиби давлат шуд, Истиќлолияти давлатии худро ба даст овард, давлатдории худро аз сари нав оѓоз карда, онро ба як давлати зеботарини љањон табдил дода истодааст. Умед ва боварии комил дорем, ки дар мудати кўтоњ мушкилињои дар пеш истода доир ба љалби китобхонї ва китобдўстї бартараф хоњад шуд ва чун пештара њама барои дастрас кардани китоб рў ба китобхонањо ва маѓозањои китоб меоваранд. Ф. САЙЁД
Нуќтаи назар
ДАРАХТИ ХАТАРЗО
Бунёди иншоотњои љашнї идома дорад
дад. Ваќте ки зиёд гардид хатар ва нооромї дар байни мардумони сайёра зиёд мегардад ва оќибат ба вайрон шудани ин ё он давлат оварда мерасонад. Инро бояд бо якдиливу яктанї мамлакатњои Осиёи Марказї ва, умуман, љомеаи љањонї пешгирї намоянд. Тавре дар хотир дорем, дар Љанги Бузурги Ватанї бар зидди Гитлери фашистї мардуми Иттињоди Шўравї, аз љумла зиёда аз 300000 љавонмарди Тољикистон иштирок карда, фашизмро нест карданд ва дарахте, ки Гитлер мехост мустањкам кунад, аз решааш хушк шуд. Мо њамаи инро бояд ба љавонон фањмонем. Насли наврасро то ба донишљў шуданаш тарбия ва таълими дуруст дињем, то ин ки њар як мактабхон атрофи худро, љањони худро, давлати худро, дини худро, таърихи худро ва оќибат, кї будани худро дуруст дарк кунад, фањмида гирад. Дигар ин ки дар ќаламрави шањраку дењот, шањру ноњияњо дар ин хусус пайваста бо ањли љомеа суњбату мулоќотњо гузаронем. Фарзандон, дўстон ва наз-дикони худро ба китобхона ва китобхонї љалб намоем ва бо онњо њамроњ бошем. Шавќи онњоро барои дар рўзњои истироњатї ба театр ва осорхона рафтан бедор созем. Зеро имрўз таваљљуњи љавонон, хонандагон ва дигар табаќаи љомеа нисбат ба театр ва ба барномањои фарњангї, умуман, кам аст. Ба намоиши «Лўхтак» дар дењот ва шањру ноњияњо, «Чойхонаи мушфиќї», «Бўстон» ва дигар барномањо бояд бисёр диќќат дода шавад, ки ин боиси пешгирии љавонон ва љомеа аз њаракати террористиву экстремистї шуда метавонад. Сайёд ФАЙЗОВ
Бахшида ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї бо иќдомњои созандаи Пешвои муаззами миллат њар як гўшаи ватан ободу шукуфон гардида истодааст. Бо ин маќсад мардуми шарафманд ва ободкору мењандўсти дењаи Дараи Оби Љамоати дењоти "Доѓистон"-и ноњияи Шамсиддин Шоњин корњои созандагиву бунёдкориро ба роњ мондаанд. Дења дорои 286 хољагї буда. ањолиаш 2341 нафарро ташкил медињад. Сокинони мањал пешнињоди вакили дења Амирхон Назировро дар боби ободонии мањаллашон тариќи дастаљамъї пазируфта, њар яки онњо
мувофиќи имконияти хеш аз 50 то 2000 сомонї, муњољири мењнатї ва ватандўсти дења Сайидамир Давлатов бошад 20 њазор сомонї љамъ оварданд. Бар замми ин, гарчанде дењаи Дараи Об, минтаќаи баландкўњ бошад њам, мардум тариќи њашар 20-30 м ќишри заминро канданд ва аз об таъмин гардиданд. Мардуми дења бо шукргузорї аз тинљию оромии кишвар, пайгирї аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат кўшиш мекунанд, ки то 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон корњои зиёди ободониву бунёди иншооти хизматрасониро дар дења ба сомон расонанд. Мизробшо НАЗИРОВ
КОРЊОИ ФАЊМОНДАДИЊЇ ДАР МАЊАЛ Дар доираи татбиќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани ќувваи барќ, истифодаи самараноки замин ва пешгирї аз пањншавии бемории сироятии “COVID-19” дар Љамоати дењоти “20-солагии Истиќлолияти Тољикистон"-и ноњияи Вахш чорабинињои оммафањмонї идома дорад. Бинобар маълумоти Мањмадї Мањмадов, муовини раиси љамоати дењоти мазкур, гурўњњои корї иборат аз зиёиёну фаъолони мањаллањо ва масъулони соњањои гуногун миёни мардум корњои фањмондадињї дар самти истифодаи сарфакоронаи ќувваи барќ, самаранок истифода бурдани заминњо ва пешгирї аз пањншавии беморињои сироятиро таќвият мебахшанд. Дар ин замина, бо маќсади омилњои сарфакории неруи барќ дар дењањо нуќтањои фурўши ангишт ташкил карда шудааст, то сокинон бо дастрасї аз сўзишворњои биологї неруи барќро танњо барои равшаннамоии манзилњои худ истифода намоянд. Мавсуф иброз дошт, ки бо маќсади истифодаи самараноки замин, ба хусус ќитъањои наздињавлигї
дар суњбату вохўрињо корњои фањмондадињї дар самти дуруст ба роњ мондани кишту парвариши мањсулоти ниёзи аввалия бурда мешавад. Дар њудуди Љамоати дењоти "20-солагии Истиќлолияти Тољикистон" 1050 гектар заминњои наздињавлигї ва 3596 гектар заминњои хољагии дењќонї мављуд аст. То нимаи аввали моњи январ танњо дар хољагињои љамоавї 2 гектар картошка ва 168 гектар гандум кишт карда шудааст. Њамчунин, дар ин давра сокинон дар ќитъањои наздињавлигии худ ба кишту парвариши зироатњои ниёзи аввал машѓуланд. Љињати дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, кормандони љамоат кўшиш ба он доранд, ки дар якљоягї бо ањли љамоатчигї бањри таъмини амнияти озуќаворї њама тадбирњоро роњандозї карда, таъмини дурнамои соли 2021-умро дар њама самтњои хољагии халќ иљро намуда, љашнњои дарпешистодаро дар сатњи баланд истиќбол намоянд. Њасан АБДУРАЊИМЗОДА, "Хатлон"
ТАЪМИН БО АНГИШТ
Бо дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњияи Муъминобод 80 тонна ангишт фиристода шуд, ки онро ба муассисањои таълимиву тандурустии ноњия таќсим намуданд. Акнун хонандагону кормандони тиб фасли
сарморо дар синфхонаву њуљрањои гарм мегузаронанд. Мардуми ноњияи Муъминобод аз ѓамхориву дастгирињои пайвастаи Пешвои миллат арзи эњтирому сипос менамояд. Гурез ШАРИФОВ
4
ХАТЛОН Воситањои нашъадор яке аз мушкилоти љиддитарини љомеаи муосир мањсуб ёфта, истеъмол ва истифодабарии моддањои табиати наркотикидошта, муомилот ва ба фурўш баровардани онњо ба саломатї зарар расонида, шарафу номуси одамонро паст карда, њазорњо нафарро аз њаёт мањрум сохта, оилањои онњоро ба ѓаму андўњ мубтало месозад. Ќисми зиёди моддањои табиати наркотикидошта ба гурўњи моддањои химиявї шомил мегардад, ки онњо як синфи алоњидаи пайвастањои химияи органикї буда “Алколоидњо” номида мешавад. Њоло бошад, зиёда аз 2000 алкалоид омўхта шудааст. Омўхташуда, ки табиати наркотикї зоњир мекунад, инњоянд:
БОЗДИДИ ДОНИШЉЎЁН АЗ ОСОРХОНАИ «АВАСТО» Донишљўёни хориљие, ки дар Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тањсил мекунанд, бо роњбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоњ, Икром Фатњуллоев, муовини ректор оид ба робитањои байналмилалии донишгоњ аз осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон - “Авасто” дидан намуданд. Бинои осорхона аз ду ошёна иборат буда, дар он нигорањо ба таври замонавї ба намоиш гузошта шудааст. Дар осорхона ашёњо аз рўзгор ва фаъолияти ќањрамонони халќи тољик ва маснуоти мисї, чўбин, сангї, биринљї, сафолї, дастхатњои ќадима ва дигар нигорањо мављуданд. Кормандон ва роњбаладони
МОДДАЊОИ НАРКОТИКЇ ВА ЗАРАРИ ОН БА ИНСОН осорхона ба донишљўёни хориљї оид ба таърихи халќи тољик аз давраи ќадим то замони имрўз маълумоти муфассал доданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ќабати якуми осорхона
нигорањое мављуданд, ки таърихи халќи тољикро бозгўянд. Мењмонон ин њамаро бо шавќ тамошо карданд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
РУШДИ МУАССИСАЊОИ ТАЊСИЛОТИ ТОМАКТАБЇ Бо маќсади ба тањсилоти томактабї фаро гирифтани кўдакон дар шањру ноњияњои кишвар бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дањњо муассисањои томактабї аз њисоби маблаѓњои буљавї ва љалби соњибкорон сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, барномањои гуногуни давлатї дар ин самт амалї мегарданд, ки дар ин кор шарикони рушд низ љалб карда шудаанд. Дар њамин замина Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бањри дар амал татбиќ намудани барномаи “Нигоњубин ва васеъ намудани имкониятњо- фароњам овардани шароит барои имкониятњои баробарро дар манотиќи дењоти Тољикистон ” дар њамкорї бо ташкилоти байналмилалии ОКСФАМ, Фонди Тољикистонии “Оѓохон” ва маблаѓгузории “Бонки Исломии Рушд” идома дода истодааст. Бо роњандозї кардани барнома дар панљ муассисаи таълимии Љамоати дењоти “Дањана”-и шањри Кўлоб марказњои рушди кўдакро ташкил намуданд ва бо иштироки дастандаркорон ва мењмонон маркази рушди барваќтии кўдак дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 34
ифтитоњ карда шуд. Дар ин марказ 25 кўдак ба таълим фаро гирифта мешаванд. Барои таълим ва омода намудани кўдакон ба мактаб тамоми шароитњои зарурї муњайё карда шудааст. Барои амалї гардонидани барномаи мазкур, ки мутахассисони соњаро омода кардан лозим аст Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба воситаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф курсњои кўтоњмуддати омўзишї ташкил намуд. Дар ин курсњо 10 нафар омўзгорон аз панљ муассисаи зерњадаф фаро гирифта шуданд. Дар њамоиш оид ба ин мавзўъ гуфта шуд, ки маќсади умумии барнома мусоидат дар амалї кардани барномањои давлатии “Рушди тањсилоти томактабї барои солњои 2020-2021” рушди маориф ва инчунин “Стратегияи миллї барои рушд то соли 2020”, ки бевосита барои бењтар кардани таълими томактабї равона карда шудааст, иборат мебошад. Илова гардид, ки соли оянда дар назди дигар муассисањо чунин марказњо кушода шуда, шумораи зиёди кўдакон ба тањсилоти томактабї фаро хоњанд гирифт. Ш. САФАРЗОДА
Хабарњои варзишї
МУСОБИЌОТ МАВЌУФ ГУЗОШТА ШУД
ТАЌВИМИ БОЗИЊО
Дар минтаќањои Бохтар ва Кўлоб марњилаи аввали Љоми Федератсияи футболи Тољикистон (ФФТ), ки бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст 22 ва 23 -юми январи соли 2021 оѓоз мегарданд. Тибќи иттилои Федератсияи футболи вилояти Хатлон, бозии аввали Љоми ФФТ рўзи 22 январ дар варзишгоњи марказии ноњияи Љалолиддини Балхї баргузор мегардад, ки дар он 6 даста: "Хатлон"-и шањри Бохтар, "Панљшер"-и ноњияи Љ.Балхї, "Моњир"-и ноњияи Ёвон, "Чашма"-и ноњияи Шањритус, "Пахтакор"-и ноњияи Ќубодиён ва "Бохтар-3333"-и шањри Бохтар миёни њам мубориза мебаранд. Дар минтаќаи Кўлоб бошад, рўзи 23 январ Љоми ФФТ бо иштироки шаш даста-"Равшан"-и Кўлоб, "Файзканд"-и Восеъ, "Њосилот"-и ноњияи Фархор, "Њулбук"-и ноњияи Восеъ, "Шоњин"-и ноњияи Муъминобод ва "Сарњадчї"-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї дар варзишгоњи марказии шањри Кўлоб барои љойи якум раќобат мекунанд.
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ќароре ќабул намуд, ки мутобиќи он дар соли 2021 баргузории мусобиќањои ќањрамонии Осиё байни дастањои мунтахаби наврасони то 16 -сола, љавонони то 19-сола ва њамчунин, ќањрамонии байниќитъавї оид ба футбол баргузор намешаванд. Сабаби ба ваќти дигар монондани мусобиќот хавфи пандемияи коронавирус ва њифзу амнияти варзишгарон мебошад. Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»
ЛАВЊАИ ЛИРИКЇ
ШАБЕЊИ ЗИНДАГЇ БАР ТАБИАТ Зиндагї бо табиат ба куллї шабењи њамдигаранд, њам дар шукуфої ва њам дар таѓйирёбї. Дар зиндагї чизи азизтарини инсон ин фарзанд аст ва фарзанди азизтарини табиат бошад, инсон. Инсон сабзаест, сабзаи навнешзада, ки аз дили хок нури хуршеди фалак металабаду месабзад. Рўњу љисми инсон ба њар як фасли сол пайвастагї дорад. Зиндагї мисли рўди равон љорист, њам ба сўи дашти синабирён, њам ба сўи гулистон. Чун шоир шеър эљод мекунад, шеъри эљодкардаи худро рўйи коѓаз меорад, аммо дарё низ дар баробари худ шоир аст, шоирест, ки шеъраш обдору равон, савту садои хуш дорад, гарчи хомўшу безабон аст. Агар табиат зебову нотак-
ПАНЉШАНБЕ, 21 январи соли 2021, №4 (3293)
рор намебуд, на бањоре буду на хазоне, на ишќе буду на ёре, на таровати гуле буду на овози булбуле. Табиат бе чаман намешавад, чаман бе андалеб, зиндагї бе орзу намешавад, орзу бе умед. Дар зиндагї инсон гоњ шуху гоњ љиддист. Табиат њам бо њодисањои ѓайричашмдошти худ, ки новобаста аз фаслњои сол рух медињанд, гоњ шухимиљозу гоњ љиддинамост. Дар зиндагї инсон хушбахтиро дар тани сињату болидарўњї эњсос мекунад. Табиат ин њамаро њангоми эњёшавиаш эњсос мекунад, ки аз тавъамии инсону табиат дарак медињад. Агар донае насабзад, аз кишти дигар умеди сабзиданаш њаст. Агар умеду муњаббат дар дили мо насабзад, љойи афсўс аст. Агар кўњи осмонбўсе ба
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
замин яксон шавад, љойи ѓам нест, киштзор мешавад, вале агар эњсоси муњаббат мирад, љойи андўњ аст, зеро бе ў одамї худро намеёбад ва ба чашми одамон комил наметобад. Дар зиндагї одаме нест, ки бе ном бошаду дар ин дунёи фонї умеди фардое надошта бошад, лекин дар табиат гиёњњое њастанд, ки худрўянду беноманд. На зеби гулшане њастанду на ороиши кокуле. Валекин бо њазорон орзу аз хок мерўянд, месабзанд, то ки тухми хешро ба мерос гузоранд. Онњо рўшноии шамси тобон металабанду аз њаёт умедњо доранд, ки шояд замоне табиатдўсте ба онњо майлу раѓбат пайдо намояд, забони безабониашонро биомўзаду ба онњо ном гузорад... Албина МИРЗОКУЛОВА
Кониин Кониин дар таркиби растании болигалов мављуд аст. Кониин, инчунин, алкалоиди растании сатргули зањрнок ва шавкарон мебошад. Кониин моддаи моеъи равѓанмонанд буда, таъми тез ва бўи мушро дорад. Кониин дар организм, охирин асабњои њаракаткунанда ва њискунандаро фалаљ мегардонад. Гигрин Яке аз алкалоидњои хеле содда буда, аз таркиби баргњои растании кока, ки дар љануби Америка месабзад, људо карда мешавад. Њатто миќдори ками вай ба организм њамчун стимулятор (нумўя) таъсир меоварад. Анабазин Алкалоиди муњимтарини растании зањрноки ќитъаи Осиё ба њисоб меравад. Бори
нахуст соли 1929 аз тарафи А.П. Орехов кашф шудааст. Анабазин моддаи моеи равѓанмонанд буда, њарорати љўшишаш 2760С мебошад. Ќисман дар таркиби баргњои тамоку мављуд буда, инчунин, дар растании мармиљон ёфт шудааст. Никотин Никотин моеи равѓанмонанди беранг буда, бўи тамокуро дорад. Алкалоиди асосии ин тамоку мебошад. Дар таркиби барги тамоку то 8% никотин мављуд аст. Вай хело зањарнок буда, ба сифати инсектитсид истифода мешавад. Рагњои хунгузарро танг месозад, ба системаи асаби вигетативї таъсир расонда, фишори хунро баланд менамояд ва миќдори зиёди он зањрнок буда, органњои марказии нафаскаширо аз кор бароварда, системаи асабро фалаљ мегардонад. Миќдори ками никотин асабро бедор менамояд. Бисёртараш зањрнок мебошад. Никотин хело зањрнок буда, 40 мг-и он одамро ба њалокат мерасонад. Миќдори калони никотин (њазорњо тонна) ба сифати инсектитсид барои мубориза бо њашаротњои зараррасони хољагии ќишлоќ ба кор меравад. Атропин Моддаи кристалии беранг буда, дар њарорати 1150С гудохта мешавад. Дар растанињои оилаи ангури сагакшобезак, шоњдона, мастак мављуд аст. Бевосита аз зањрнокии баландаш ба таври васеъ барои табобати чашм (васеъ намудани гањвараки чашм) истифода мешавад. Ба системањои асаби парасимпатикї таъсир мерасонад. Кокаин Кокаин аз баргњои растании алкалоиди растании буттагии кока (Амрикои Љанубї) њосил
карда шудааст. Моддаи кристалии беранг буда, њарорати гудозишаш 980С, бо кислотањо намакњои дар об њалшаванда њосил мекунад. Ба системањои асаб таъсир намуда, боиси аз кор баромадани он мегардад. Ќобилияти баланди анастизї дорад ва боиси ба вуљуд омадани касалии коканизм мегардад. Њамчун маводи анастезї љузї (карахткунанда) ва маводи мудњушкунанда маълум аст. Морфин Морфин моддаи кристалии беранг буда, њарорати гудозишаш 2540 С мебошад. Дар асосњо ва кислотањо њал мешавад. Сохти морфин аз тарафи Р. Робинсон соли 1925 муайян карда шуда, дар соли 1956 аз тарафи Г. Тсуди синтез шудааст. Организмро ба касалињои наркаманї, морфинизм ва вобастагї ба он гирифтор мекунад. Алкалоиди асосии он кўкнор буда, аз шира ва донањои хоми кўкнор људо карда мешавад. Маводи дарднесткунанда ва наркотики зўртарин мебошад. Гидрохлориди њосилаи диатсетилии вай героин мебошад. Героин Героин (диатсетилморфин) як доруи нимсинтетикии афюниест, ки дар охирњои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ њамчун дору истифода мешуд. Дар айни замон аксарияти шахсони нашъаманд аз он истифода мебаранд, ки он таъсири нашъамандї, арзонии нисбї, вобастагии љисмонї ва равонии босуръат рушдкунанда дорад. Героин-диатсетилморфин бори нахуст соли 1874 аз љониби кимиёгари англис Алдер Райт дар мактаби тиббии беморхонаи Санкт Марї дар Лондон синтез карда шуда, аз љониби кимиёгари Олмонї Феликс Њофман тањќиќ шудааст. Бори нахуст аз тарафи ширкати дорусозии Олмон Bayer AG соли 1898 тањти тамѓаи героин бароварда шудааст. Героин ба зумраи маводњои мухаддир дохил шудааст. Хинин Хинин дар таркиби решаи дарахти хин муайян гардидааст. Хинин хокаи беранг буда, маззаи тез дорад. Дар об камњалшаванда буда, дар 1770С гудохта мешавад. Таъми намакњояш бенињоят талх мебошад. Сохти хинин соли 1908 аз тарафи К. Рабе муайян карда шуда, дар соли 1944 аз тарафи Р. Вудворд синтез шудааст. То айни замон хинин бењтарин дору барои муолиљаи касалии табларза њисобида мешавад. Ин аст чанде маълумотњо оид ба моддањои табиати наркотикидошта ва хатари он ба саломатии инсон. Чи гунае, ки дар боло ќайд гардид ин гурўњи моддањо ба саломатї ва њаёти одамон таъсири манфї мерасонад. А. АКРАМЗОДА, мудири МДТ Коллељи милитсия капитани милитсия С. САИДШОЊ, омўзгор
Сарраёсати молияи вилояти Хатлон барои ишѓоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатї дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Сармутахассиси шуъбаи даромад ва пардохтњои давлатї-1 љой. Талаботи тахассусї барои довталабон: -тањсилоти олии молиявї, иќтисодї; -2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї; Маоши вазифавї 1076 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: шањри Бохтар, кўчаи А. Сино-3, Телефон барои тамос: 8 (3222) 2-20-56. Муњлати ќабули њуљљатњо: баъди нашри эълон 21 рўз.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Аз «дарси тарбиявї» сабаќ гирифтам (Њикоя) Аз рўи ихтисос омўзгор шуда кор мекунам. Ба нафаќа баромада бошам њам, аз касби дўстдоштаам дил канда наметавонам. Чун одати муќаррарї сањари барваќт ба мактаб меоям. То оѓози дарсњо, ваќт бењуда наравад гуфта, сигор чокида, оњиста-оњиста атрофи бинои мактаб, майдони варзишї, ќитъаи замини таљрибавиро давр зада мебароям. Омўзгорону хонандагон пайи њам дар сањни мактаб пайдо мешаванд. Маро дида салом медињанду зуд аз наздам гузашта мераванд. Ман-ку муаллими дуруштмуомила, ба ќавле “ганда” нестам, хонандагонро чун фарзанд дўст медорам. Вале боре њам ба ёдам намеомад, ки чаро онњо ба ман ќарин нестанд. Муаллимони дигарро бинанд атрофаш љамъ шуда суњбат мекунанд. Агар воќеае рух намедод, шояд ин муамморо то ба охир нафањмида мемондам. Воќеа чунин сурат гирифт: Набераам Фарзона хонандаи синфи 6 аст. Ў дар таътил бозии аљибе ёфта баровард. Додару хоњарчааш ва якчанд нафар хурдтаракони дигарро аз њамсолњо љамъ оварда, дар њавлии мо љойи хуберо интихоб карда, “Муаллим-хонанда” бозї мекарданд. Фарзона муаллимї мекард. Дигарон хонанда буданд. Њамин, ки кайф сигор меомад, ба њавлї мебаромадаму тамоку дуд дода, аз дур ба рафти дарси кўдакон назора мекардам. Фарзона гоњ муаллими фанни хониш мешуду гоње њисоб, аз табиатшиносї њам дарс мегузашт. То ба охир расидани дарс њама бодиќќат “муаллимашон”-ро гўш медоданд. Баъдан, як-як хеста ба саволњои муаллим љавоб медоданд. Аљибаш ин буд, ки Фарзона хонандагони бадхонро коњиш мекард, аз гўшашон оњиста кашида њам мемонд. Касе эътироз њам намекард. Порчаи фанери бекорхобида наќши тахтаи синфро мебо-
зид. Фарзона дар тахтаи синф таърихи рўз менавишту номи мавзўъро, хонандагонаш дар он мисолњоро њал мекарданд, хулоса, дарси бачањо бисёр шавќовар пеш мерафт. Ана њамин усули дарсгузарии Фарзона ба ман њам сабаќ шуд. Он рўз Фарзона муаллими ягон фан не, балки наќши роњбари синфро мебозид. Дар тахтаи синф дарси тарбиявї дар мавзўи рафтори неку бад навишта шуда буд. Имсол шумо њам ба синфњои болої мегузаред,-мефањмонд Фарзона,-аз ин хотир бояд донед, ки дар байни калонсолон рафтори хуб кардан даркор, калон шудам гуфта, сигору нос накашед. Ин рафтори бад аст. Одам аз сигоркашї дањонаш бадбўй мешавад, ба беморї гирифтор шуда, бисёр месулфад. Ана барои мисол, бобои маро гирем. Ў як одами капа-калон шуда, њоло њам сигор мекашад. Наздаш, ба њуљраи кору хобаш даромада намешавад, нафаси кас мегардад. Худаш шаби дароз месулфад, мегўяд, ки пир шудам. Вале ў њанўз пир нест, сигоркашї ўро пир кардааст. Дигар суханони Фарзона ба гўшам надаромад. Ба андеша рафтам ва њамааш ба ман маълум шуд. Акнун фањмидам, барои чї хонандагон салом дода, њазар карда аз наздам “мегурехтанд”. Акнун дарк кардам, ки чї ќадар давои табибон фармударо гирифтаму њанўз њам месулфидаам. Ба њамин андешаву хаёли њаводиси рўзгор чї тавр ќуттии сигорро фишурдаву бо нафрат дур партофтам, нафањмида мондам. Соати тарбиявии кўдакон ба ман сабаќ шуду ин одати бадро партофтам. Соли нави тањсил фаро расид. Чун њамешагї пагоњї ба мактаб меоям, хонандагон маро дида салом медињанду то дер суњбат мекунем. Дигар онњо аз ман намегурезанд... Бахтиёр ЊАЙДАРОВ
Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї
ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Дастгоњи марказии сарраёсат 1. Мутахассиси пешбари шуъбаи сохтмони раёсати саноат, сохтмон ва савдо-1 љой. Маоши мансабї 972 сомонї. Шањру ноњияњои вилоят 1. Муовини сардори раёсати омори шањри Кўлоб-1 љой. Маоши мансабї 1900 сомонї. 2. Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноњияи Ёвон-1 љой. Маоши мансабї 883 сомонї. 3. Сармутахассиси шуъбаи омори ноњияи Ш. Шоњин-1 љой. Маоши мансабї 1076 сомонї. 4. Мутахассиси шуъбаи омори ноњияи А. Љомї-1 љой. Маоши мансабї 672 сомонї.
Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон (бахши кадрњо). Телефон: (83222) 2-91-06. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Вањдат 49А (назди Маркази саломатии кўдаконаи шањри Бохтар). Индекс: 735140. Факс: 2-55-71. Ќабули њуљљатњо тибќи эълони озмун дар нашрияњои расмї. Эзоњ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї њар моњ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
НАШРИЯИ МАЌОМОТИ ИЉРОИЯИ ЊОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ОБУНА БАРОИ СОЛИ 2021 ИДОМА ДОРАД Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён ќайд гардида гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта 100 сомонї мебошад. Маблаѓи обуна дар идораи рўзнома тариќи наќдї ва ѓайринаќдї ќабул карда мешавад.
Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: - шањри Бохтар, кўчаи Логинов 12 Филиали «Амонатбонк-42», шањри Бохтар С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон
ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи гумшудаи А №200594, ки онро соли 1994 МТМУ №6-и шањри Бохтар ба Љамолов Љумабек Саидљонович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АБ №121622, ки онро соли 1992 МТМУ №20-и ноњияи Хуросон ба Хаитова Сафарби Тагаихоновна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ронандагии КД №083272, гурўњи №13, дараљаи “ВС”, ки онро соли 1990 ТЉММ-и вилояти Хатлон ба Таибов Давлатбек додааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Исматулло ЊАСАНОВ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 20.01.2021 иљозат дода шуд. Адади нашр: 11400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896