ХАТЛОН
Барандагони ҷоизаҳои адабӣ муайян гардиданд
@ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
Содироти Ҷумъа, 2 июли солимаҳсулоти 2021, №39 (3328) хушсифат ба Рӯзномаи «Хатлон» хориҷи кишРӯзномаи «Хатлон» вар @ruznomai_khatlon
2
Рузномаи «Хатлон» «Тоҷикистон ҳамеша дар қалби ман аст»
3
Дар масири Истиқлол
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
1
4
ХАТЛОН Саҳ.
Соли 90-уми нашр
Тоҷикистон, ба пеш!
Игор Черевченко:
Соли 90-уми нашр
№39 (3328), 02.07.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Рушди маориф
Таъсиси 24,8 ҳазор ҷойи кори нав
Қадрдонии ғолибони олимпиадаҳо
30-юми июни соли 2021 дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Тоҷиниссо Маҳмадова, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои маориф ва ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон ҷамъомад доир гардид. Нахуст, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, суханронӣ карда, аз сифати таълиму тарбия, шароиту имконияти
кору таҳсил дар соҳаи маорифи вилоят ва дастовардҳои толибилмони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо ёдо-
вар гардид. Гуфта шуд, ки тибқи қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар самти фан ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба олимону роҳбарони илмии онҳо (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм ба кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ба миқдори 10 адад, ҳар кадом дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба олимони эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва касбии ҳудуди вилоят 120 адад, дар маҷмӯъ ба маблағи 252 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 70 адад, дар маҷмӯъ ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ ҳамасола пешбинӣ карда мешавад. Сипас, Тоҷиниссо Маҳмадова дар бораи натиҷаи иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ва талаботи он, шароити кории Марк ази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат, ҳамкорӣ бо волидон, фарқгузории дастовард ва иштироки толибилмони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон изҳори назар кард. Чанде аз хонандагони пешсафи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо оид ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоя-
ти Хатлон ва имконияти иштирок дар олимпиадаҳо, шаффофияти баргузории озмуну олимпиадаҳо, таъсири фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо табодули афкор намуданд. Дар рафти ҷамъомад гуфта шуд, ки ҳамасола баргузору роҳандозӣ ва қадршиносӣ гардидани ғолибони озмунҳои навтаъсиси вилоятӣ «Беҳтарин муассисаи таълимӣ», «Беҳтарин муассисаи томактабӣ», «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва интернатӣ», «Беҳтарин маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо», «Беҳтарин маркази технология ва коммуникатсия», «Беҳтарин кабинети методӣ», «Беҳтарин муаллими сол», «Беҳтарин мураббии сол», «Беҳтарин хонандаи сол», «Беҳтарин навовару ихтироъкори ҷавону навраси сол», «Беҳтарин навқалами умедбахш» ва амсоли ин феҳристи нопурраи иқдомҳое мебошанд, ки амалигардонии онҳо низ натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд. Қайд гардид, ки дастовардҳои имсолаи сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии шогирдони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 445 ҷойи ифтихорӣ, дар қиёс ба соли 2019 наздик ба 2 баробар ва соли 2020 зиёда аз 4 баробар зиёд гардидааст ва ин боиси ифтихор мебошад. Дастовардҳои болозикр аз рӯйи намуди муассисаҳои таълимӣ ба мактабҳои намуди нав 214 ҷойи ифтихорӣ, ба мактабҳои муқаррарӣ-231 ҷойи ифтихорӣ мебошанд. Инчунин, вобаста ба фанҳои таълимӣ ба гурӯҳи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 291 ҷойи ифтихорӣ, ба гурӯҳи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ 154 ҷойи ифтихорӣ рост меояд. Дар қисмати охири ҷамъомад хонандагони пешсаф ва ғолибони олимпиадаҳо бо медалу сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. С.АЗИЗЗОДА, «Хатлон»
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххас дар 30 соли давраи Истиқлолият, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз 3,3 миллиард сомонӣ ба наздики 17 миллиард сомонӣ (соли 2020) расонида шуда, афзоиши он дар ин давра ҳамасола аз 7 то 10 фоиз таъмин гардид. Дар доираи Барномаҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғу токзорҳо ба 60 ҳазор гектар расонида шудааст, ки аз он 366 гектарашро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад. Ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 анбор бо иқтидори 5547 тонна ва 55 сардхона бо иқтидори 20 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маводи аввалияи ғизоӣ омода мебошанд. Дар соҳаи чорводорӣ низ дар 30 соли Истиқлолият нишондиҳандаҳо назаррас арзёбӣ мегарданд. Дар натиҷаи меҳнати самарабахши чорводорон саршумори чорвои калону майда, паранда, асп ва оилаи занбӯри асал аз 1,7 то 2,4 маротиба ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа, аз қабили гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал аз 2 то 5,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир гардида, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 3 адад ба 260 адад расонида шуда, масоҳати кӯлу ҳавзҳо аз 1415 ба 2563 гектар ва истеҳсоли моҳӣ аз 462 ба 2551 тонна расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба соли 1991-ум 5,5 маротиба зиёд мебошад. Ба рушди соҳаи парандапарварӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, теъдоди фабрикаҳои парандапарварӣ аз 7 то ба 15 адад, саршумори паранда аз 896,3 ҳазор сар ба 2192 ҳазор сар, истеҳсоли тухм аз 32 ҳазор дона ба 1027,3 ҳазор донна ва истеҳсоли гӯшт фақат дар фабрикаҳо ба 7,2 ҳазор тонна расонида шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои сокинони вилояти Хатлон зиёда аз 11 ҳазор гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо гардида, наздики 90,0 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд, ки зиёда 10 ҳазор нафари онро мутахассисон ва оилаҳои ҷавон ташкил медиҳад. Қобили қайд аст, ки зиёда аз 6 ҳазор гектари ин заминҳо самаранок ва мақсаднок истифода бурда шуда, барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мусоидат намуд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Данғара 6000
Аз ҷумла, ҷойҳои кории навтаъсисдодашуда аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 3281 ва аз ҳисоби шахсони воқеӣ 21508 адад аст. Аз шумораи умумии ҷойҳои таъсисгардида 8 ҳазору 169 ҷойи кори доимӣ, 9 ҳазору 972 ҷойи кори мавсимӣ, 6 ҳазору 429 ҷойи кори муваққатӣ ва 219 ҷойи кори иловагӣ мебошад.
Афзун гардидани майдони кишт Барои таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ дар майдони зиёда аз 314,5 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд. Дар ин давра дар заминҳои киштбоби вилоят 128,2 ҳазор гектар ғалладонагиҳо, 132 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 123 ҳазор гектар пахта, 20,7 ҳазор гектар сабзавот, аз он 10,4 ҳазор гектар пиёз, 12,3 ҳазор гектар полезиҳо, 6160 гектар картошка ва 10,7 ҳазор гектар зироатҳои хӯроки чорво кишта шуд, ки дар маҷмӯъ, нисбати дурнамо 101 фоиз ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1149 гектар зиёд мебошад.
Бунёди 684 иншооти тиббӣ дар вилоят Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят сохтмони 941 иншоот дар соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, то 1 июни соли ҷорӣ дар 684 адад иншоот (72,7%) сохтмон ба анҷом расидааст. Қобили зикр аст, ки дар доираи созишнома ва ҳамкориҳои байниҳукуматӣ, моҳи июн дар вазъияти тантанавӣ Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 кат дар ноҳияи Қубодиён, ки дорои 19 шуъба барои ташхис ва табобати беморон буда, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар вилоят ба масъалаи ҳифзи сиҳатии омма ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 1703 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ фаъолият доранд.
Тафтиш ва таҳқиқи ҷиноятҳо рӯ ба афзоишанд 30 июн маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Беҳ аз санои олам деҳқон аст
Қобили қайд аст, ки дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ҳиссаи вилояти Хатлон 50,5 фоизро ташкил дода, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ғалладонагиҳо 63,1%, пахта 67,7%, сабзавот 59,3%, картошка 18,9%, полизиҳо 77,8%, пиёз 63,9% ва истеҳсоли моҳӣ 71,4%-ро ташкил медиҳад. Дар давраи солҳои 1991-2020 истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани се-чор ҳосил аз як замин таъмин гардида, майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ 2,3 маротиба, лӯбиёгиҳо 2,4 маротиба, ҷуворимакка барои дон 2,6 маротиба, картошка 2,9 маротиба, сабзавот 3,5 маротиба ва полезӣ 2,1 маротиба зиёд гардида, истеҳсоли ғалладона 7,5 маротиба, сабзавот 22 маротиба, полизӣ 1,7 маротиба, мева 24,7 маротиба, ангур 2,7 маротиба ва ҳосилнокии онҳо аз 2 то 5 маротиба афзоиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз 12 ҳазор гектар то 18 ҳазор гектар заминҳои байни боғу токзорҳо, партов, чарогоҳҳое, ки имконияти кишт намуданро доштанд, заминҳое, ки зери корҳои мелиоративӣ қарор доранд, самаранок истифода бурда, фаровонии бозори истеъмолиро таъмин намуда, ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Кишоварзони вилоят ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ сол аз сол диққати ҷиддӣ дода, кишти онро аз 50 ҳазор гектар оғоз намуда, то ба 130,6 ҳазор гектар расонида, аз ин ҳисоб маҳсулоти иловагӣ ба даст оварданд. Ғайр аз ин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ба 56,7 гектар ва мавсимӣ ба 737,7 гектар расонида шуда, аз ин ҳисоб илова 34,5 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ истеҳсол карда мешавад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 985,3 ҳазор тонна, картошка ба 207,8 ҳазор тонна, сабзавот ба 1470,7 ҳазор тонна, полизиҳо ба 589,1 ҳазор тонна, меваҷот ба 209,1 ҳазор тонна ва ангур ба 107,5 ҳазор тонна расонида шуд.
Дар давоми панҷ моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 ҳазору 789 ҷойи нав ва барқароршудаи корӣ ба истифода дода шудааст.
гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” 5314 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Дар ин давра 7773 гектар заминҳои партов, 9294 гектар заминҳои холимонда, дар маҷмӯъ 28381 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар онҳо зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда мешавад. Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полизӣ ба маблағи 152,1 миллион сомонӣ 144 дастгоҳи обкашӣ васлу насб гардида, 13 иншооти ёрирасони пойгоҳҳои обкашӣ аз нав сохта мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Танҳо дар 10 соли охир 4,6 ҳазор километр шабакаҳои обрасонӣ ва 7,1 ҳазор километр заҳбуру заҳкашҳоро тоза карда, ҳолати мелиоративии 64,6 ҳазор гектар заминҳо ба маблағи 70,3 миллион сомонӣ беҳ гардонида шуд. Бо ин мақсад 134 Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ташкил карда шуда, 85 -тои онҳо бо биноҳои маъмурӣ таъмин карда шуданд. Айни ҳол дар вилоят баҳри афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ имконияту захираҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, дар вилоят зиёда аз 15 ҳазор гектар заминҳои боир, наздик ба 20 ҳазор гектар заминҳои байни боғу токзор, зиёда аз 1500 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва беш аз 16 ҳазор гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш қарор доранд, ки дар ҳолати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани онҳо имконияти ҳазорҳо тонна маводи ғизоӣ истеҳсол намудан мавҷуд мебошад. Дар натиҷаи ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, зиёд намудани саршумори чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он кишоварзони вилоят тавонистанд, дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазои худро гузоранд. М. Зуҳурзода, мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилоят
Дар маҷлис ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2021, муайян намудани вазифаҳои минбаъда баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баррасии ҳолати иҷрои Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба амал баровардани адолати судӣ” ва дигар санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи вилоят 731 эътироз, 445 пешниҳод оварда шуда, бо баррасии санадҳои эътиноӣ 720 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 725 нафар ҷавобгарии моддӣ, 1281 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати 212 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд. Дар натиҷаи тафтиши прокурорӣ 58,5 миллион сомонӣ маблағи зарар аз ҳисоби вайронкунандаҳои қонун барқарор карда шудааст.
Соҳилмустаҳкамкунӣ дар Кӯлоб Дар мавзеи офатзадаи шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозӣ бомаром идома дошта, аз ҷумла бо кумаки Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) соҳили дарёчаи шаҳр, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидааст, мустаҳкам гардонида мешавад. Тавре аз шаҳрдории Кӯлоб иттилоъ доданд, агентии мазкур барои корҳои соҳилмустаҳкамкунии ин мавзеъ сӯзишворӣ кӯмак расонида, тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ баҳри анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб мусоидат менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Шанбе, 03.07.2021
Шабона +18+20 с Рӯзона +37 +390 с 0
Якшанбе, 04.07.2021
Шабона +19+21 с Рӯзона +37 +390 с 0
Душанбе, 05.07.2021
Шабона +21 +230 с Рӯзона +39 +410 с
Манбаъ: www.meteo.tj
2
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Содирот
Маҳсулоти хушсифати
Ҷумъа, 2 июли соли 2021, №39 (3328) Манзил бунёд - мардум шод
кишоварзӣ ба хориҷи кишвар Кишоварзони вилоят тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани се-чор ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он ва содирот ба хориҷи кишвар нақша - чорабиниҳо тартиб дода, аз захираву имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
Дар натиҷаи тадбирандешиҳо то ба имрӯз аз ҳудуди вилоят беш аз 81 ҳазор тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки қисмати зиёди онро пиёзи барвақтӣ ташкил менамояд. Тавре масъулон, кишоварзон ва соҳибкорон иброз менамоянд солҳои қаблӣ дар самти содироти саривақтии маҳсулоти истеҳсолгардида монеаҳои зиёд ҷой доштанд, имсол бошад, ҷиҳати тақвият бахшидани потенсиали содиротии вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути истгоҳҳои роҳи оҳани ҳудуди вилояти Хатлон шароитҳои мусоид ва тахфифи махсус ҷорӣ карда шудааст. Зимни суҳбат сардори намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зоирзода Умед иброз дошт, ки ҷиҳати ҷалби соҳибкорон ва бештар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзони вилоят дар истгоҳҳои роҳи оҳани ҳудуди вилоят то 90 дар сад тахфиф ҷорӣ карда шуда, аз ҷониби ҳамсоякишвари мо-Ӯзбекистон бошад, 60 фоиз тахфиф пешниҳод гардидааст. Ин раванд имкон фароҳам овард, ки имсол нисбат ба соли гузашта содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба берун аз кишвар ба маротиб зиёд гардад. Дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дар соли 2021-ум 95 ҳазор тоннаро дар бар мегирад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 5 ҳазор тонна зиёд мебошад ва то ба имрӯз беш 87 дарсад таъмин гардидааст.
- Вобаста ба сифат ва талаботи бозори ҷаҳонӣ соҳибкорон имсол маҳсулоти тару тозаи истеҳсолнамудаи кишоварзони вилояти Хатлонро ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Украина Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои дуру наздик содирот намуда истодаанд. Ҷиҳати боз ҳам ҳавасманд гардонидани соҳибкорон ва иҷроиши саривақтии дурнамои содиротӣ тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳҳои махсус аз ҳисоби ҷавонон ва занон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён ва Шаҳритус ташкил карда шуда, дар банду баст ва ҷо ба ҷогузории маҳсулоти содиротшаванда дар вагонҳо кумак мерасонанд,- илова намуд Зоирзода Умед. Икром Ҷӯраев, соҳибкор аз шаҳри Турсунзода, ки чанд сол боз ба фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад, зимни суҳбат ба мо гуфт: «Солҳои қаблӣ содиротро тавассути истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Суғд ба роҳ мемонд ва имсол бошад, ин амалро бо тариқи истгоҳи роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ, ки манфиатбортар аст, анҷом дода истодааст». Зоирзода Умед, сардори намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар идома афзуд, ки имрӯзҳо баробари он, ки содироти маҳсулот аз гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар идома дорад, дар навоҳии минтақаи Кӯлоб сокинону кишоварзон ба ин марҳилаи самарабахш ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.
Бурёкӯбони 6 оилаи зарардида дар ноҳияи Вахш Чуноне ки иттилоъ доред, 11 майи соли 2021 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дар натиҷаи боришоти борони зиёд, омадани сел 41 хонаи истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб шуда буд. Бо дастури Роҳбари давлат корҳои барқарорсозии хонаҳои сокинони зарардида фавран оғоз гардида, ҳамаи зарардидаҳо таҳти ғамхории давлат қарор гирифтанд. Рӯзи 27 июн ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода ва роҳбарияти ноҳияи Вахш ба сардорони 6 оилаи деҳаи Иттифоқ, ки сохтмони манзили истиқоматиашон ба анҷом расидааст, калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд. Хонаҳои бунёдгардида, 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд. Дар навбати худ сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш аз ғамхорӣ ва кӯмаку дастгириҳои хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Бошандагони деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ваъда доданд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар ободӣ ва пой-
дории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд. Бо дастури Пешвои миллат дар ин деҳа, ки беш аз 400 хоҷагӣ дорад, давоми 6 моҳи оянда мактаб ва бунгоҳи тиббӣ низ бунёд хоҳад ёфт. Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои қатъӣ дода буданд. Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
Ба истифода додани боз 2 манзили истиқоматӣ Дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ 2 хонаи истиқоматии сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки манзилҳояшон бар асари эрозияи замин моҳи май хароб шуда буд, дар маҳаллаи навбунёд ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматии сокинон Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилоят, Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳа иштирок намуданд. Нахуст, Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомӣ сокинонро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба истифода додани манзилҳои истиқоматиро кори хайр ва савоб арзёбӣ намуд. Зикр кард, ки имрӯзҳо сохтмончиён ба омода ва муҷаҳҳазсозии дохили хонаҳои истиқоматӣ машғул буда, дар рӯзҳои наздик манзилҳои боқимонда пурра ба итмом расонида мешаванд. Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилоят, аз рафти корҳои сохтмонӣ ошно шуда, баҳри вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист ба масъулини дахдлдор дастур дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин манзилҳои дигари сокинон омода
шаванд. Сипас, калиди хонаҳои №4, ки ба сокини деҳа Барфак Давлатова ва калиди хонаи №16, ки ба сокини деҳа Мирзораҳим Холов тааллуқ дорад, дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Маврид ба ёдоварист, ки то 27-уми июни соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти “Ифтихор” аз 20 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Навбунёд, ки барои онҳо замин дода буданд, сохтмони 6 манзил бо тамоми шароити зист ба охир расида, 12 манзил бомпӯш ва дар 2 манзил корҳои деворбардорӣ бомаром идома доранд. Комрони БАХТИЁР, Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”
Амали хайр
Хуросон: Обу ободӣ Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо насбу бо кор андохтани ду пойгоҳи обкашӣ беш аз 750 гектар заминҳои корам ба пуррагӣ бо оби полезӣ таъмин гардид. Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар ин мавзеъ ҳудуди 70 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, давоми 7-8 соли охир бинобар сабаби норасоии об заминро ба таври зарурӣ истифода намекарданд. Қутри қубурҳои баландфишори обпарто 6,20 ва 4,30-милиметра буда, тавассути онҳо баробар бо заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамзамон қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон низ бо об таъмин карда мешаванд. Соро Имомназарова, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Бобои Абдуназар", бо изҳори хушнудӣ аз ин иқдоми натиҷабахш, баён намуд: «Акнун мо кӯшиш менамоем, ки софдилона меҳнат карда, дар як сол то се маротиба ҳосил рӯёнем ва дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ
ҳиссаи арзандаи худро гузорем». Сокини дигари деҳоти С.Айнӣ, роҳбари ҳоҷагии деҳқонии "Апаи Давлатбӣ" Ширингул Мусоева ба кор андохтани пойгоҳҳо ва шодоб гардонидани майдонҳои васеи ҳосилхезро барои сокинон, хусусан, кишоварзону хоҷагидорон туҳфаи арзишманд дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ҳисобида, миннатдории худро ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ баён намуд. Аҳмад Табарзода, раиси Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ, ёдовар гардид, ки минбаъд низ тибқи нақшаи корҳои ободонӣ, баробари дигар амалҳои созанда, ҳамчунин дар самти беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъмини сокинон бо оби полезӣ ва ҳам нӯшокӣ чунин иқдомҳои натиҷабахш амалӣ карда мешавад. Таваралӣ Соҳибназар, махсус барои «Хатлон»
Навгонӣ
Шумораи гирандагони стипендиязиёд мешавад
Аз 1-уми август то 9 августи соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат барои ба даст овардани стипендияи президентӣ озмун гузаронида мешавад. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” Аловуддин Амирзода, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ барои хонандагони болаёқати шаҳру навоҳии вилоят 1185 квотаи президентӣ ҷудо гардидааст. Ҳамаи квотаҳо тибқи шумораи хонандаҳои муассисаҳо тақсимбандӣ мегардад. Довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд: рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон (ҳамкурсон) дар ду соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари гурӯҳ ва директори муассисаи таълимӣ), хониши аъло, ки бояд мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар ду соли охир аз ҷониби директори муассисаи таҳсилоти умумӣ ва як соли охир аз ҷониби
директори муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шуда бошад, ҳамчунин иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ки он тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон муайян карда мешавад. -Ҳадафу баргузории озмуни мазкур, дастгирии моддӣ ва маънавии толибилмон, инчунин дарёфт кардани хонандагони боистеъдод мебошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳадафрас гардидани озмун шахсони масъул бояд, ки хонандагони болаёқатро пешниҳод намоянд ва барои шаффоф баргузор гардидани он омодагии ҳаматарафа бинанд,-изҳор дошт Аловуддин Амирзода. Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”
Ҷумъа, 2 июли соли 2021, №39 (3328)
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Ба озмуни вилоятии «Эъҷози Истиқлол»
Халқпарвар Солҳои охири асри ХХ. Хушбахтона, бахти миллати ҷафодидаи тоҷик омад карду тоҷикон соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шуданд. Ин санаи муқаддас- 9 сентябри соли 1991 эълон мешавад. Ҳамин тариқ, дар харитаи олам боз як давлати соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон пайдо мешавад. Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояшон роҳбареро сари давлат овард, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллати тоҷикро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшид. Ин Сарвари баландиқболи миллат, фарзанди фарзонаву бо нуру сафо Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар ҷанг мекард, касе роҳбарии кишварро ба уҳда нагирифт. Зеро дар шароити ҷанги бародаркуш роҳбари давлат будан бори сангин ва хатари зиёд дошт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкилу тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро бар дӯш гирифта, дар суханронии аввалини худ дар «Қасри Арбоб» аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва боиси сарфарозист, ки Сарвари давлат ба савганди худ вафо карданд. Фаромӯш нашудаанд он рӯзҳое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид аввалин бор ба Афғонистон сафар карданд. Ин сафар кафолати бехатариро дода наметавонист. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу заковат ва хиради худодод муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро сари мизи сулҳу оштӣ шинонданд. Дар ин радиф олими намоёни тоҷик Қурбон Восеъ аз рӯйи мушоҳидаҳояш дар он солҳои душвори халқу давлат дар яке аз мақолаҳояш навишта буд: «Гумон мекунам Худованди бузург ҷисму ҷони Президент Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷавҳари ваҳдат сохтааст. Ӯ, бешубҳа, мунодии сулҳу су-
бот, рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдат аст. Аз чеҳраи нуронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нури сулҳу сафо, оштӣ, хайрхоҳию накукорӣ падидор аст». Ин аст, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон Пешвои худро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгари мактабдории муосири миллӣ эътироф менамоянду ба Ҷаноби Олӣ эҳтироми бепоён доранд. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат ва Пешвои миллат тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ, рушди пайвастаи кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиставу пурсаодат барои халқ бо дарки масъулияти баланди ватандориву соҳибдавлатӣ ҳамаи хираду маҳорат, ақлу заковат ва донишу истеъдодашро сарф карданд. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ҳазор сол бори дигар тоҷиконро бо ҳам муттаҳид ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати сулҳпарвар ва мутараққӣ муаррифӣ намуданд. Агар Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон қалъаи амнияти Тоҷикистон, кохи шаъну шарафи миллати хеш аст ва дар паси шонаҳои ӯ чун дар паси девори кафолату амнияти Тоҷикистон истиқлолияти ин миллати азияткашида, ин миллати имрӯз сарбаланд, ин миллати хуҷаставу фарҳангпарвар бунёди тоза меёбад. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин марди ша-
риф ва роҳбари нодир тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои азимро ба анҷом расондем. Пеш аз ҳама кишвари азизамонро аз сари нав сохтем. Мушкилоти роҳҳо, барқро дар кишвар ҳал кардем. Саноатикунонии хоҷагии халқро ба роҳ мондем. Истеҳсолоту иқтисодиётамон хуб шуд. Ба кор даровардани ду чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро аз тариқи телевизион тамошо кардам. Як бор не! Чанд маротиба, гаштаю баргашта тамошо кардам. Хуб дарк кардам, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати ҷафодидаи тоҷик чӣ қадар азизу муътабар аст. Адиб ва рӯзноманигори эронинасли муқими Иёлоти Калифорнияи Амрико Масъуди Сипанд дар сифоти Пешвои мо мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ин ҷо – Тоҷикистон, балки дар Аврупову Амрико ва дар ҳама ҷо маҳбубият дорад ва дӯсташ медоранд. Дӯстони ман дар Амрико мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон аҷаб мардест, ки тавонистааст пеши роҳи нодорӣ, нооромӣ ва бесуботиро бигирад ва ба мардумаш сулҳ оварад. Ин қадар донишгоҳ дар Тоҷикистон таъсис шуда ва ин имкон медиҳад, то афкори мардум пеш равад. Вақте
Бозёфт
фикри мардум боз мешавад, мамлакат дар ҳоли пешрафт қарор мегирад. Ҳазорон дуруд ва сипос ба ин абармарди таърихи Тоҷикистон!». Вобаста ба қаҳрамониҳои ин абармарди миллат филми мустанаде бо номи «Марди роҳ» офаридаанд, ки корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба таври равшану возеҳ таҷассум менамояд ва бояд филми болозикр дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, донишкадаҳою донишгоҳҳо намоиш дода шавад, зеро агар шахс таърихи давлати миллату халқи худро надонад, ба қадри давлату миллат ва хоку сарзамини худ намерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистон қаҳрамонии ин абармарди миллатро эътироф ва ҷонибдорӣ намуда, ӯро ҳамчун Пешвои миллати худ эълон доштанд, ки воқеан ҳам тасмими саривақтӣ ва арзанда аст. Дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва афзалиятнок баршумурдани он, ки ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида шудааст, яке аз самтҳои бунёдӣ ва усулии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мера-
Хушхабар
Дар шаҳраки қадимаи Сайёд якчанд ёдгории таърихӣ кашф гардид Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни корҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ анбор ва ошхонаи ҳаффоришударо кашф намуданд, ки аз анбор ду адад хуми ҳаҷман калон барои нигаҳдорию захира намудани донагиҳо ва маводи ғизоии ба замони Кӯшониён тааллуқдошта пайдо намуданд. Дар ҳудуди ошхона оташдонҳо кашф гардиданд, ки барои омода намудани ғизо мавриди истифода қарор мегирифтаанд. Ба иттилои сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев, аз макони зикргардида сиккаҳои мисӣ ба даст омадаанд, ки дар аверс (рӯй)-и онҳо нимрухи шоҳи Кушонӣ тасвир гардидааст. Инчунин бозёфти ороишоти аз гулмоҳии баҳрӣ омодагардида аз ҳамкорӣ ва тиҷорат миёни мардуми ин ҳудуд ва дигар минтақаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Бостоншиносон дар яке аз биноҳои ин ёдгорӣ қубури сафолӣ бозёфт намудаанд, ки он аз мавҷудияти низоми обтаъминкунӣ дар ин шаҳр дарак медиҳад. Ҳамчунин дар натиҷаи ин корҳои бостоншиносӣ ангуштарин, сӯзан, пайкон ва сарнайзаҳои биринҷӣ, буҷилҳо ва дигар ашёи ороишӣ бозёфт гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мушовирони илмӣ
аз аввали моҳи июни соли равон дар шаҳри бостонии Сайёд корҳои бостоншиносиро оғоз намуда, аз ин макон як зумра осори аҳамияти муҳими таърихидошта бозёфт гардидаанд. Корҳои бостоншиносӣ аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин ёдгорӣ идома дошта, осори бозёфтгардида барои возеҳу равшантар намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми ин сарзамин мусоидат менамояд.
Нависандагон Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Хайрандеш ва Толиби Луқмон, мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2020 гардиданд. Гуфта мешавад, ки нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинов барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд. Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шуданд. Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд. Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.
соҳибистиқлолӣ (солҳои 2001-2003)
(Идома аз шумораи №31) Агар дар таърихи кишвари соҳибистиқлол оғози амалигардии ҳадафҳои давлату Ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама рӯйдоду навгониҳояш, ки бо қадамҳои неку устувор дар пайравӣ ба шоҳроҳи Ваҳдати миллии бадастомада дар самти рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба соли 2000-ум рабт дошта бошад, пас натиҷаҳои он дар соли 2001 баръало ба назар расид. Пеш аз ҳама, вобаста ба талаботи сохтори демократии давлатдорӣ, ҳамкории тарафайн, татбиқи сармоягузорӣ, ки кишварҳои оламро созгор аст, ба дараҷае боло рафт. Ба ин мақсад якчанд санаду ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, ки тавассути амалигардии он сармоягузорони хориҷӣ ба инҷониб таваҷҷуҳ карданд ва шумораи ширкатҳои хориҷӣ ба маротиб зиёд гардид. Корхонаҳои нав ба нави муштарак бо иштироки сармоядорони хориҷӣ низ бунёд меёфтагӣ шуданд. Марҳилаи созандагию ободонӣ ва тараққиёт боз дар он зуҳур меёфт, ки дар ин сол Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол 10-умин солгарди Истиқлоли давлатиашро таҷлил намуд. Ба ифтихори ин ҷашни фархунда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” интишор ёфт, ки ин иқдоми Президенти мамлакат, аз ҷониби умум амали раъиятпарварию инсондўстона унвон гирифт. Президенти мамлакат дар тантанаи идона бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла чунин иброз дошта буданд: «Бузургтарин дастоварди мо дар ин даҳ соли истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст». Ин нишони
он буд, ки суханони дар Иҷлосияи ХХVI Шӯрои Олӣ гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, “То он рўзе, ки ба Тоҷикистон сулҳ наорам, ман худро осуда ҳис наменамоям” тасдиқи воқеии худро ёфтаанд. Соли 2001 боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки Мирзо Турсунзода (1911—1977) -Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», (1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (1967) сарфарозгардида бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шуд. Боиси тазаккур аст, ки соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 110-солагии зодрўзи ин шоири шаҳир ботантана қайд гардид. Рўйдодҳои муҳиму хотирмони дигар дар ин сол вобаста ба онанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ” ба тасвиб расид. Ҳамчунин, 15 июни соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Бояд гуфт, ки соли 2021 дар 20-умин солгарди ба узвият пазируфта шудани Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз раисии онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Агар дар соли 2001-ум Тоҷикистон ҷашни 10-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро таҷлил намуда бошад, соли 2002 аз рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 5 сол сипарӣ гардид, ки ин сана бо доираи васеи меҳмонони дохиливу хориҷӣ моҳи июл бо танатана ҷаш гирифта шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе Конфрененсияи байналмилалӣ дар мавзўи “Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва истифодаи он дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон” баргузор гардид. Дар ин
вад. Бунёди донишкадаву донишгоҳҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишкадаву донишгоҳҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» баргузор мегардад. Ташкил кардан ва дар сатҳи баланд гузаронидани чунин озмун аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат китобу китобхононро арҷ мегузоранд, нисбаташон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Умуман, мардуми шарафманди тоҷикро ба асли худ китобхониву китобдӯстӣ баргардонид. Ҳисси хайрхоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои бунёдии миллатҳои дигар имрӯз боиси он гардидааст, ки номи Сарвари давлати мо дар дигар кишварҳои минтақа низ бо эҳтиром ва муҳаббати хосса ёд мешавад. Дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон сурат гирифт, Президенти Ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев ҳангоми супурдани яке аз орденҳои арзишманди кишвараш «Эҳтироми сарзамини авлодӣ» («Эл юрт ҳурматӣ») хизматҳои арзишманди Роҳбари давлати тоҷиконро таъкид намуда, махсус зикр кард, ки маҳз пуртоқативу дурандешии Эмомалӣ Раҳмон заминаи устуворе барои дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ва дӯст барқарор гардидани муносибатҳои таърихии ин ду миллати бародар фароҳам овард. Ҳамин тариқ, имрӯз ба ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон сафар кунем, аз ободию зебогии ин кишвари куҳан ба ваҷд омада муроҷиат мекунам: Тоҷикистони ҷоноҷон, ту бузургмодарам ҳастӣ ва бо ин ҳама зебоию ободӣ, пешравиҳоят ифтихор дорам. Таманнои онро дорам, ки то абад зебою обод бимонӣ! То ҷон дар рамақ дорам, дӯстат медорам! Ҳусейн Мирзоев, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барандагони ҷоизаҳои адабӣ муайян гардиданд
Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”
Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Авроқи рангини даврони
3
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
ҳамоиши хотирмон намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва даҳҳо созмону ташкилотҳои дигари байналхалқӣ ҳузур доштанд. Онҳо таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро падидаи нодир ва мавриди омӯзиш арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин таҷриба дар дигар минтақаҳои даргиру ба низоъҳои дохилии ҷаҳон кашидашуда метавонад, хизмат намояд. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ мулоқоти Муншии кулли СММ Кофи Аннан бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонин созмони демократиасоси ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. К. Аннан бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Шӯро, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Мардум ба шумо ҳамчун ба иҷрокунандаи орозую омолашон менигаранд, агар ин орзую омоли мардумро дар вақташ иҷро намоед, насли оянда дар назди шумо қарздор хоҳад монд”. Рӯйдоди дигари фараҳбахш дар соли 2002 ба он асос меёбад, ки дар феҳристи “Рўзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» ворид гардид, ки минбаъд ҳар сол ин рӯз ботантана ҷашн гирифта мешавад. Чунонеки дар боло зикр карда будем, Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз соли 2000-ум пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи соли 2003 эълон гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза»-ро пазируфта, резолютсия қабул намуда буд. Ба ин хотир, соли 2003 дар сар то сари сайёра чорабиниҳои гуногун бахшида ба ин қазия гузаронида шуд. Соли 2003, ҳамчунин дар шаҳри Киотои Япония пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди солҳои 2005-2015 эълон шудани «Даҳсолаи оби тоза» ва ба Фонди наҷоти Арал додани мақоми муассисаи Созмони Милали Муттаҳидро аксари кишварҳои дунё бо хушнудӣ қабул намуданд. Бо ҳамин бовар, дар таърихи давлатдории навин Муншии кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон ташриф овард. Натиҷаи гуфтушунидҳои ҳасана ва қабули ташаббусҳои Тоҷикистон ба он шаҳодат медод, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати тоҷикон воқеан ба принсипҳои давлатдории муосир мутобиқ аст. Дар он солҳо Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд дошт, зеро он манбаи асосии иқтисодиёти давлат ҳисоб меёфт. Мардум ислоҳоти соҳаи кишоварзиро ҷонибдорӣ менамуданд. Бо ҳамин мақсад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ба тасвиб расид, ки дар асоси он хоҷагиҳои коллективӣ батадриҷ таҷдид шуда, замин ба дасти саҳмдорон гузашт. Ахиран, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нишони он буд, ин Китоби Бахтномаи миллат вобаста ба талаботу пешрафти ҷомеа мукаммалтар гардида, ба стандартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шуд. Исматуллои Гули ОЛИМ
Тоҷикистон, ба пеш!
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
БАРОИ НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2021 ОБУНА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Рӯзномаи «Хатлон» инъикосгари иҷрои қарору дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят буда, ҳамчунин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, беҳтарин ва тозатарин навгониҳои вилоятро саривақтӣ ба таваҷҷуҳи хонандагон омода месозад. Роҳбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисаҳои шаҳру навоҳӣ, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблағи обунаро ба суратҳисоби дар поён зикршуда гузаронанд. Нархи обуна тариқи идораи рӯзнома, бидуни хизмати почта, 50 сомонӣ мебошад. Рӯзномаи «Хатлон» арзонтарин воситаи
дастрасӣ ба иттилоот мебошад. Ба он ҳарчи зудтар обуна шавед! маблаҒи ОБУНА ДАР ИДОРАИ РӮЗНОМА ТАРИҚИ НАҚДӢ ВА ҒАЙРИНАҚДӢ ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД. Нишонӣ ва ҳисоби бонкии рӯзномаи «Хатлон»: - шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12 Филиали «Амонатбонк-42», шаҳри Бохтар С/Х 20204972322020600209 Ҳ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ Республика Таджикистан ПРОЕКТ РАЗВИТИЯ ВЫСШЕГО ОБРАЗОВАНИЯ Контракт: Лабораторное оборудование (строительная материаловедения) Номера Контрактов: ИЭТ/SH/05-02 Дата 3.06.2021 Правительство Республики Таджикистан получило грант от Всемирного Банка на реализацию проекта «Создания условии для повышения уровня образования выпускников специальности строительство и эксплуатация ГЭС» и намеревается использовать часть средств на закупку лабораторное оборудование (строительная материаловедения) для Института энергетики Таджикистана. Институт энергетики Таджикистана (р-н Кушониён) приглашает правомочных и квалифицированных поставщиков подать выражение заинтересованности на закупку лабораторное оборудование (строительная материаловедения):
Торги будут проводиться согласно процедурам Всемирного Банка - Закупка в розничной сети (шопинг). Заинтересованные правомочные участники могут получить дополнительную информацию по указанному ниже адресу в рабочие часы с09:00 до 16:00. Выражения заинтересованности должны быть представлены по указанному ниже адресу до 03 июля 2021 года. Институт энергетики Таджикистана Г-ну Исозода Д.Т. - Ректор 735162, р-н.Кушониён, городок Бохтариён Ул. Н.Хусрав 73, Республика Таджикистан Контактное лицо: Абдуллоев Б.Т. Тел./Факс: +992 777 07 65 55 Эл.почта: bahtier.abdulloev.86@mail.ru
эътибор надорад
Шаҳодатномаи гумшуда дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва бинои истиқоматӣ ба номи Ғаниева Рухшона Файзалиевна, ки дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Кӯшониён таҳти №30-003-001218 аз 15 октябри соли 2020 ва 30-003-001218-01 аз 15 октябри соли 2020 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи силсилаи А №110329, ки онро соли 1994 МТМУ №19-и ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ба Гафуров Ашурбек Абдуқаҳорович додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи силсилаи Т-ШТА№278515, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1995 МТМУ №13-и ноҳияи Кӯшониён ба Мамаризоева Омина додааст, эътибор надорад.
4
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Ҷумъа, 2 июли соли 2021, №39 (3328)
Ҳикоя
Лаҳзае пас, мардум зери чортути байни пахтазор ҷамъ омаданд. Чун ҳарвақта афроде, ки рӯзона ҳираки то истгоҳи деҳот рафтан доранд, гӯйи аз ҳама хабарҳои дунё огоҳанд, ки дар мавриди эҳтимоли ҳуҷуми навбатии тарафҳои муқобил пешгӯӣ мекарданд. Дар гӯшае дигари ҷамъомадагон мардони шӯхтабъ ту гуфтӣ, парвои дунё надошта бошанд, ки бо ҳазлу латифаҳои намакин мардумро каме аз фикру андешаҳои даҳшатбор дур меандохтанд. Кавраки танбал аз лаҳзаҳои фирори мардум аз деҳа ин гуна қиссабофӣ мекард: «Халқ пасандозҳои пулии худро дар миёнҳо баста, ба чаҳор тараф фирор доштанд, аммо Ҷумъабой дар ғами гӯсфандҳояш буд, ки: «Ҳамсоя, гӯсфандонро чӣ кунам?... ҳамсоя, агар ҳамин ҷонзодҳо як соат зунукашонро гирифта, роҳ гарданд, шабона дидбонгоҳу сарҳадро ба роҳат убур карда мерафтем»,- гӯён ҳарзагӯӣ мекард. Мардум кӯдаконро ба оғӯш гирифта буданд, то аз садои тиру танк наҳаросанд, вале Ҷумъабой гардани харашро қучоқ карда, ба такрор мегуфт: «Ку ҷонвар, хомӯш наист, ягон маслиҳат бидеҳ, молу ҳоламонро куҷо бибарем...». Бегоҳӣ равуои мошинҳои зиреҳпӯш қатъ гашту раиси маҳалла хабар овард, ки сокинон ба манзилҳои худ баргарданд, аммо ба хотири бехатарӣ баъди намози шом ба кӯчаву роҳи ка-
лони мошингард набароянд, то аз тири дайду эмин бимонанд. Гарчанде мардум аз гурезогурези ҳафтаи охир алаккай одат карда буданд, вале сӯхтори чанд манзили саргаҳи кӯча аз воқеияти нооромиҳо дар кишвар дарак медод. Он шаб баъд аз намози хуфтан раиси маҳалла аз рӯи ваъдаи пешакӣ додааш, ба чорроҳаи кӯча ҳозир шуда, баъзе хабарҳои муҳими минтақаҳои ноороми вилоятро ба мардум қисса кард. - Ҳозир дар ситоди таъсисёфтаи назди қисми ҳарбӣ супориш гирифтем, ки аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳо гурӯҳҳои қуюди шабгард таъсис диҳем, то ҷавонон маҳалли зисти худро посбонӣ кунанд. Бе ин ҳам аз бехобию шабҳои тӯлонӣ дилгир шудаему бо фарорасии шом дилро сиёҳӣ фаро мегирад. Шабзиндадорӣ бошад, шабзиндадорӣ, пиру ҷавон навбат хоҳем поист, - гуфта Убайд- бобо ба ҷойи ҳамдеҳагон аз таъсиси дидбонгоҳ розигӣ дод. Он шаб аз ҷаҳиши оташакҳои ду тарафи муқобил сиёҳии болои деҳоти он сӯи дашту пуштаҳо гӯйи сурхборон ба сар дошт. Баъди чанд сонияи оташрезиҳо садои ваҳмангези тиру туфанг ба деҳаи Пахтазор омада мерасид. Субҳи дигар бонуи Мамлакат, ки барои воҳимаандозиаш мардакҳои қишлоқ ӯро «Чуғзи деҳа» ном гузошта буданд, аз ҳаводиси шаби гузаштаи деҳоти он сӯи марғзор ҳаргуна хабарҳои бардурӯғ мебофт. Гаҳе ҳангома ме-
“Тоҷикистон ҳамеша дар қалби ман аст...” Дар хар ҷое ки ӯ бозӣ мекард ва дар куҷое, ки кор мекунад, парчами Тоҷикистон ҳамеша пеш аз номаш ҷилвагар мешавад. Ва ин дар ҳолест, ки ӯ қариб 30 сол пеш ба Русия кӯчид ва шаҳрванди он кишвар аст. Ҳангоме ки рӯзноманигори варзишии рус Василий Уткин аз ӯ пурсид: “Чаро Тоҷикистон?”, аз ҷавоби Игор рӯзноманигор шарм дошт: “Тоҷикистон ватани ман ва ватани волидони ман аст. Падари ман дар тӯли 20 сол он ҷо на танҳо бозӣ кард, балки мубориза бурд ва футболи тоҷикро бо ифтихор ситоиш кард. Ин барои ман муқаддас аст”. Игор Геннадйевич Черевченко 21 августи соли 1974 таваллуд шудааст. Вай писари ҳимоятгари бомаҳорати
дастаи овозадори “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко мебошад. *Қаҳрамони Тоҷикистон дар ҳайати дастаи “Помир” (1992) * Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон бо “Помир” (1992) *Ғолиби чоркаратаи Ҷоми Русия бо тими “Локоматив” (1996, 1997, 2000, 2001) ҳамчун футболбоз *Ғолиби Ҷоми Русия бо “Локоматив” (2014-2015) ҳамчун мураббӣ. Игор бо вуҷуди серкорӣ ва дигар ташвишҳои зиндагӣ, ҳар сол ба Тоҷикистон меояд. Вай инчунин мусобиқаи анъанавии кӯдаконро ба хотираи падараш Геннадий Червченко, ки ҳар сол дар Алмосӣ баргузор мешавад, сарпарастӣ мекунад.
Ашк Юсуфӣ
Дар вақти дамгирӣ
Дар меҳмонхона корманди он, хонуми зебо, аз меҳмон мепурсад: -Шуморо субҳ соати чанд бедор кардан лозим? Мард: соати 6, лекин барои бедор кардан маро сахт бӯса кардан даркор. Корманди меҳмонхона: хуб шудааст. Ҳозир бобои Собир навбатдориро қабул мекунад. Ман ба ӯ ин хоҳишатонро мерасонам.
*Мауна-Кеа («Кӯҳи Сафед») дар Гавайҳо (ИМА)-баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Аз пояи он дар қаъри уқёнуси Ором то қуллааш-10 250 метр аст. Гап дар сари он аст, ки 6000 метри хамиши он дар таги об аст ва танҳо 4205 метри он берун аз сатҳи баҳр намоён аст. Умуман, ин "кӯҳ" аз Эверест 1357 метр баландтар аст. *Кӯҳи Эверест бо баландии 8848 метр дар шарқи Ҳимолой ҷойгир буда, нуқтаи баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Номи худро Эверест ба шарафи генерал сэр Ҷорҷ Эверест (1790-1866 с.)-генерал-губернатори Ҳиндустон (солҳои 1830-1843), гирифтааст.
Моҳӣ чӣ тавр шино мекунад? To ин дам шино кардани моҳиро ба ҳаракати қанот ва думи вай вобаста мекарданд. Ҳоло бошад, аниқ шудааст, ки моҳӣ бо танаи худ ҳаракат мекунад. Қаноту думи он ҳамчун чанбарак (рул) хизмат мекардааст. Моҳӣ ром мешавад Дар бораи ба одам ром шудани делфин медонем. Оё шунидаед, ки моҳии дарё низ ба одам ром шуда бошад? Бале, ин тавр воқеа дар ҳақиқат рӯй додааст. Рӯзе осиёбони австралиягӣ Люгер дар соҳили дарёчаи кӯҳӣ нишаста, моҳӣ медошт. Баногоҳ гулмоҳии зебои калонеро дид, ки бозикунон ба муқобили ҷараёни об шино карда, ба ӯ наздик мешавад. Люгер аз дидани чунин ҳодиса ба ҳаяҷон омад ва гӯё ӯро касе тела медода бошад, кирми дар даст доштаашро зуд ба он моҳӣ дароз кард. Гулмоҳӣ ҷасурона ба вай наздик шуда, аз об боло хез зад ва кирмро аз дасти ӯ гирифт. Ҳамон рӯз Люгер ҳамаи кирмҳоро ба моҳии ҷасур хӯронда, худаш ба хона дасти холӣ баргашт. Моҳӣ- шамъ Аз Аляска то музофоти Орегон моҳиеро дидан мумкин аст, ки Зулахон ном дошта, дарозиаш 30 см мебошад. Дар замонҳои қадим ҳиндуҳо ин моҳиро барои равшан кардани кулбаҳои худ истифода мебурданд, чунки вай
хеле серравған мебошад. Ҳиндуҳо ин моҳиро хушк карда, аз дохили вай пилта мегузаронданд. Баъд моҳиро ба ҳолати рост монда, нӯги пилтаро дармегиронданд. Пилтаи ин шамъи ғайриоддӣ оҳиста ва баробар дармегирад ва атрофро равшан мекунад. Аз Зулахон равған тайёр карда, онро бо мақсади табобат дар тиб ҳам истифода мебурдаанд. Моҳии хушкигард Дар Сейлон моҳиҳое зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро моҳиҳои хушкигард номидан мумкин аст. Ин моҳиҳо ҳангоми хушк шудани оби кӯлу дарёҳо ба соҳил баромада, то кӯлҳои ҳамсоя бемалол хазида мераванд. Аҷибаш дар он аст, ки кӯлу дарёҳои атрофро бехато муайян мекунанд. Онҳо дар хушкӣ зиёда аз як ҳафта зиндагонӣ карда метавонанд ва дар ин муддат як-якуним километр масофаро тай мекунанд. Моҳиарра Моҳиарра 25-32 ҷуфт дандонҳои тез дошта, дар ду тарафи ҷоғ ҷой гирифтаанд. Дарозии моҳиарра то 10 м мерасад ва вазни баъзеи онҳо қариб 3 тонна мешавад. Моҳиарра ба одам ва ё дигар ҷонварон ҳуҷум намекунад. Лекин агар вайро ягон чиз нотинҷ кунад, вай дандонҳои аррамонандашро ба кор андохта, рақибашро пора-пора мекунад. Сими металии ғафсиаш 5 мм-ро ба осонӣ мебурад. Моҳиарра мисли моҳиҳои дигар тухм намегузорад. Вай якбора 34-40 моҳича таваллуд менамояд. Аз ҷигар ва пӯсти ин моҳӣ хар гуна маснуоти саноатӣ тайёр мекунанд. зиндашавии моҳӣ Дар ҷазираҳои Аляска ва Чукотка Далия ном моҳии аҷоиб зиндагӣ мекунад. Ин моҳӣ бо оғози зимистон бо об ях мекунад ва бо cap шудани тобистон ҳангоми об шудани яхҳо аз нав зинда мешавад.
Хунар бех аз зар бувад -
сипас онро рўйи сандон мегузорам ва мекӯбам, то ба шакли дилхоҳам дарояд. Агар ба сурати дилхоҳам даромад, медонам, ки василаи муфиде хоҳад буд, агар не, онро канор мегузорам. Ҳамин чиз сабаб шудааст, то ҳамеша ба даргоҳи Худованд дуо кунам: «Худоё! Маро дар кураҳои ранҷ қарор деҳ, аммо канор нагузор».
Кўњњои баландтарин
Аљоибот дар бораи моњињо
-
Панди рӯзгор
Оҳангаре буд, ки бо вуҷуди ранҷҳои зиёд ва бемориаш, сидқан ба Худо ишқ меварзид. Рӯзе яке аз дӯстонаш, ки эътиқоде ба Худо надошт, аз ӯ пурсид: ту чӣ гуна метавонӣ Худоеро, ки ранҷ ва беморӣ ба сарат меорад, дӯст бидорӣ? Оҳангар сар ба зер овард ва гуфт: «Вақте мехоҳам василаи оҳание бисозам, як тика оҳанро дар кура қарор медиҳам,
Чу дандон рехт, неъмат ҳирсро маъюс месозад, Садафро бегуҳар гаштан кафи афсӯс месозад. *** Ҷавҳари тамкини мард аз лоф барҳам мешавад, Мову ман то беш мегардад, ҳаё кам мешавад. *** Ҳирсро гуфтам: ба пирӣ қатъ кун тори умед, Гуфт: дандонҳо пайи овардани нон рафтаанд. *** Дар ҳама ҳол одамӣ шахси малаксират аст, Лек ба ҷоҳ андаке нози харӣ мекунад. *** Пирӣ, ту куҷоӣ, ки диҳӣ доди ҳавасҳо, Ин мунтазирони қади хам по ба рикобанд. *** Субҳи пирӣ асари қатъи умед аст ин ҷо, Тору пуди кафанат мӯи сафед аст ин ҷо.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН
Игор Черевченко:
Оҳангар
-
(Идома аз шумораи гузашта)
-
Фурӯғи хундоманӣ
бардошт, ки имшаб навбати ҳуҷум ба деҳаи мо мерасад ва мардумро ба ягон ҷойи бехатар кӯчонанд, гаҳи дигар нолаандуд навҳа мебардошт, ки: «Хонаву дари худро монда куҷо меравем, ман мемираму дар хонаи худ мемонам...». Офтоб ба ғурубгоҳи худ наздик мешуду шуълаҳои хастааш болои кӯҳи «Бахилак» анвори заргаронӣ мепошид. Доманакӯҳҳои аз баромадгоҳи пойтахт то сарҳади ҷанубии Тоҷикистон доман афрохтаро аз барои он «Бахилак» ном мебурданд, ки девори баланди он дар баҳорон пеши боду боронҳоро мегирифт ва дар қисмати охири рӯзҳо ҳатто офтобро аз чашми сокинони Вахшонзамин пинҳон мекард. Дар ҳамин лаҳзаҳои хайрбодӣ бо рӯшанӣ як гурӯҳ ҷавонони навраси деҳаи боло ҳам аз рустоҳои зодбуми хеш сӯи офтобшин рахти сафар бастанд. Чӣ қадар душвор буд, ба чашми онҳо нигаристан. Бечораҳои бегуноҳ гӯиё сабабгори ин ҳама нобасомониҳо маҳз онҳо бошанд, ки сархаму дилшикаста дасти ҳамдеҳагони худро фишурда, худоҳофизӣ мекарданд. Гуноҳи онҳо дар он буд, ки сарварони қавму маҳалашон ҷонибдорони майдоне буданд, ки дар низоъҳои охирин шикаст хурда, ақибнишинӣ карда истодаанд. Мардум нисбат ба ҳамдигар мухолифату душмание надошта бошанд ҳам, ҷонибдорони майдони мухолифро тавсия медоданд, ки то замони тинҷию осудагӣ ба ҷойҳои бехавфу хатар паноҳ бибаранд. Зеро эҳсос мешуд, ки ҳукумати қонунӣ аз байн рафтаву касе замонати бехатарии нафари дигареро дода наметавонад. (Давом дорад)
Шохбайтхои Бедил
Мардуми тоҷикро дар сар то сари ҷаҳон бо ҳунару маҳорати волояшон мешиносанд. Шахси ҳунарманд дар ягон давру замон ба кумаки касе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Ҳунар зинҳор ҳунармандро дар нимароҳ намегузорад, балки ба рӯи ҳунарманд тамоми дарҳои бастаро мекушояд. Ҳар як касбу ҳунар дар ибтидо хеле мушкил менамояд. Агар шахс талошу таҳамулро пеша кунад, ҳатман дар он муваффақ мегардад. “Касби бофандагиро аз модарам омӯхтам. Вақте хурд будам, медидам, ки модарам шабҳои дароз бофандагӣ мекард. Дар аввал ин касб бароям хеле мушкил менамуд. Ҳарчанд модарам ин касбро бо нозукиҳояш ба ман меомӯзонд вале на он қадар аз уҳдааш хуб мебаромадам. Аз завқе, ки дар дил доштам бо гузашти вақт ин касбро бо ҳама нозукиҳояш аз худ кардам. Ҳоло бошад, чун модарам шогирдони зиёди худро дорам”мегӯяд қаҳрамони мо сокини шаҳри Бохтар Шамъигул Эмомалиев. Шамъигул тӯли 11 сол аст, ки ба касби бофандагӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, ки дар ин касб хоҳараш низ ба ӯ кумак мерасонад. Ҳар як болишту дастбандҳои бофтаи хешро ба бозор бурда, ба савдо мегузорад ва ба ҳамин
зиндагии хешро пеш мебарад. -То солҳои наздик, ҳунарҳои қадимӣ аз байн рафта истода буд. Вале бо ташабусси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 20182021 солҳои рушди деҳот саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки барои аз нав зинда кардани ҳунарҳои қадима заминаи хубе фароҳам гузошт,-бо хушнудӣ изҳор медорад бофандаи хушсалиқа Ш. Эмомалиева. Амина Рустамова, Саодати Зулфиқор, таҷрибаомӯзони рӯзномаи "Хатлон"
Расм-муаммо
Шабона, занги дар садо медиҳад. Зан: тез-тез ба даруни ҷевон пинҳон шав! Мард: Азизакам, ин чӣ маънӣ дорад? Охир ман шавҳари туям! Зан: Ааа... мебахшӣ... ва ба назди дар рафта мегӯяд: рав, ки шавҳарам дар хона будааст. Шумо посбони супермаркет ҳастед. Хабар ёфтед, ки яке аз инҳо тарбуз дуздидааст. Вазъиятро арзёбӣ карда, бигӯед, ки кӣ тарбузро рабудааст?
« ХАТЛОН »
МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Дар рӯзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешӣ матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рӯзнома метавонад бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро бар дӯш нагирад. Матолиби муаллифони беруна дар шакли электронӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 қабул карда мешавад. Ба саҳеҳии далелу арқоми эълону матлабҳои дорои хусусияти тарғиботию рекламавӣ идораи рӯзнома ҷавобгӯ нест. Дастнавису суратҳо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд.
Сармуҳаррир Носирҷон МАЪМУРЗОДА
web: www.khatlon-ruznoma.tj / e-mail: khatlon.tj@mail.ru
Соли 90-уми нашр
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/ рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
Рӯзнома дар чопхонаи «Матбааи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар ба табъ расидааст. Сифати чопи рӯзнома ба дӯши матбаа аст. Ба чопаш 01.07.2021 иҷозат дода шуд. Адади нашр: 10660 нусха.
Навбатдор: Комрони БАХТИЁР
Нишонии мо: шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов - 12. Телефонҳо - сармуҳаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, шуъбаи эълону реклама: 2-47-14 Индекси обуна: 68896
Тарроҳ: Умед МИРЗОЕВ