Skip to main content

Рӯзномаи Хатлон шумораи №33-08.06.2021

Page 1

ХАТЛОН

Харгӯшпарварӣ соҳаи сердаромад аст

QR-CODE Рӯзномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Дар ин шумора:

Манзилҳои Сешанбе, 8 июни солинав 2021, №33 (3322)

ХАТЛОН Саҳ.

2

3

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

Пирӯзии Рузномаи «Хатлон» ҳунармандони Хатлон

Соли 90-уми нашр

4

№33 (3322), 08.06.2021

Дар масириkhatlon.tj@mail.ru дӯстӣ @ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

1

Корҳои сохтмонии Маҷмааи бисёрсоҳаи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён ба анҷом расиданд. Ин маҷмааи муҳташам, ки аз маркази саломатӣ, беморхонаи касалиҳои сироятӣ ва дигар шуъбаҳо иборат , хоҳад буд, дар асоси муоҳидаи байнидавлатӣ миёни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардида, рӯзҳои наздик расман мавриди ифтитоҳ қарор хоҳад гирифт.

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкиму густариш пайдо кардани муносибатҳои дӯстии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳсуб меёбанд ва мо азми қотеъ дорем, ки онҳоро минбаъд низ густариш диҳем. Моро зарур аст, ки бо дарназардошти хусусиятҳои ба ҳам монанди иқтисодиёти кишварҳоямон, ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои боз ҳам беҳтар дар миёни сохторҳои хоҷагидориамон, иқдомҳои муассир анҷом диҳем. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чӯпон Бадали ВАНҶӢ

Ӯзбеку тоҷик Ду ҷону як бадан, ӯзбеку тоҷик, Ду нақши як чакан, ӯзбеку тоҷик. Ду ҳарфи як сухан, ӯзбеку тоҷик, Ду боғи як чаман, ӯзбеку тоҷик. Ду халқу як салом, ӯзбеку тоҷик, Ду халқу як калом, ӯзбеку тоҷик. Ду халқу як таом, ӯзбеку тоҷик, Ду халқу як маром, ӯзбеку тоҷик. Ду чашму як назар, ӯзбеку тоҷик, Ду роҳу як сафар, ӯзбеку тоҷик. Ду нахлу як самар, ӯзбеку тоҷик, Ду боби як асар, ӯзбеку тоҷик.

Дар Бохтар доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳам меоянд Пагоҳ, 9 июн, дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (10-11 июн) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар дошта шудааст.

Ду дасту як дуо, ӯзбеку тоҷик, Ду дарду як даво, ӯзбеку тоҷик. Ду меҳру як вафо, ӯзбеку тоҷик, Ду тору як наво, ӯзбеку тоҷик. Ду шохоби як об, ӯзбеку тоҷик, Ду ҷому як шароб, ӯзбеку тоҷик. Ду хайру як савоб, ӯзбеку тоҷик, Ду боли як уқоб, ӯзбеку тоҷик. Ду халқу як шиор, ӯзбеку тоҷик, Ду тори як дутор, ӯзбеку тоҷик. Ду нақши як нигор, ӯзбеку тоҷик, Ду маргу як мазор, ӯзбеку тоҷик. *** Ду китфу як саранд, ӯзбеку тоҷик, Ду болу як паранд, ӯзбеку тоҷик. Раҳи ҳамсоядорӣ боз шуд боз, Ду дасти як даранд, ӯзбеку тоҷик. Ду қоши сарбасар, ӯзбеку тоҷик, Ду пову як камар, ӯзбеку тоҷик. Набуду нест дар олам чу онон, Шабеҳи ҳамдигар, ӯзбеку тоҷик. *** Ду халқу ду ватан, як расму оин, Мутааллиқ ба як мазҳаб, ба як дин. Худоё, ваҳдати моро нигаҳ дор, Зи чашми душманон, омин, омин! А. Хатлонӣ

Дӯстӣ Дӯстӣ-ин оини аҷдоди аҳли олам аст, Дӯстӣ сармояи бахту нишоти одам аст. Ваҳдати поянда бод андар замини дӯстӣ, Осмони дӯстӣ покиза аз абри ғам аст. Ин ҷаҳон зебанда аз созу ҳавои дӯстӣ, Рақси дилҳоро бубин андар навои дӯстӣ. Халқи тоҷик аз азал бо дӯст дорад эҳтиром, Устувору бовиқор андар вафои дӯстӣ. Дӯстӣ –ин оини аҷдоди аҳли олам аст, Дӯстӣ сармояи бахту нишоти одам аст. Санги хоро мум гардад аз тавони дӯстӣ, Гул кунад хори муғелон дар замони дӯстӣ. Эй бародар, мулки моро бингарӣ бо чашми нек, Регу сангаш чун гувоҳе аз макони дӯстӣ. Дӯстӣ –ин оини аҷдоди аҳли олам аст, Дӯстӣ сармояи бахту нишоти одам аст.

Нахуст, ҳайати меҳмонони ӯзбекистонӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзии вилояти Хатлон дидан мекунанд. Дар қисмати ифтитоҳии чорабинии мазкур, ки дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар сурат мегирад, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок ва суханронӣ менамоянд. Инчунин, дар форум иштироки вазири кишоварзӣ ва иштироки раисони якчанд вилояти Ӯзбекистон, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии кишвари ҳамсоя пешбинӣ шудааст. Дар Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон имкониятҳои сармоягузории ду кишвари дӯсту ҳамҷавор - Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ гардида, дар ҷараёни он маросими баимзорасонии ҳуҷҷатҳои дуҷониба низ сурат

мегирад. Сипас, вохӯриҳо дар формати В2В ва G2В/ баимзорасонии санадҳои дуҷониба доир мешаванд. Доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои тавсеаи тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти гуногун ба бозорҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра баррасӣ хоҳанд кард. Мулоқоти навбатии доираҳои соҳибкории ду кишвари ҳамҷавор дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бозгӯи таваҷҷуҳи доираҳои тиҷоратии ду давлат ба густариши тиҷорати мутақобилаи молҳо ва хидматҳо, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки гуногуни тиҷорат, инчунин сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои мушта-

рак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, истеҳсоли шароб, маҳсулоти хӯрокворӣ мебошанд. Дар Форуми мазкур, ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Қодирзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Икрамов суханронӣ менамоянд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки гардиши савдои дуҷонибаро то ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Дар чор моҳи соли равон гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 фоиз афзоиш ёфта, 133 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Бо вуҷуди пандемия соли 2020 робитаҳои тиҷоратӣ қатъ нагардиданд. Тӯли ду соли охир мубодилаи тарафайни мол бидуни ҳисобу китоби хидматрасонӣ беш аз 10 баробар афзуд. Дар ин бобат восита ва хидматҳои нақлиётӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва пластмассавӣ, техникаҳои маишӣ мавқеи асосӣ доранд. Муоҳидаҳо дар бораи ҷамъбандии техникаҳои кишоварзӣ, истихроҷи маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри бофандагӣ, хӯрокворӣ ва ғайра татбиқ мегарданд. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикӣ мустаҳкам мешавад. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ медиҳад, ҳаҷми воридоти неруи барқ аз Тоҷикистон меафзояд. Барои ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои мо бобати вусъат додани гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва байналхалқии транзитӣ имкониятҳо мавҷуданд. Ба шарофати иродаи қатъии сиёсӣ ва саъю кӯшишҳои муштараки президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон солҳои охир ҳамкориҳои васеъмиқёси байни ду кишвар дар тамоми соҳаҳо бо суръат ривоҷ меёбанд. Ба мақсади мунтазам идома додани ин ҷараёни мусбат ва ба дараҷаи сифатан нав бардоштани муносибатҳои муфиди тарафайни кишварҳои мо, бо даъвати Президенти Тоҷикистон рӯзҳои наздик (10-11 июни соли ҷорӣ) ташрифи расмии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ҷараёни ин сафар мушаххас сохтани самтҳои нави шарикии стратегии кишварҳои мо, ҳамчунин вусъат додани робитаҳои бисёрҷанба дар пояи лоиҳа ва барномаҳои азими муштарак пешбинӣ мегардад. Носирҷон Маъмурзода, “Хатлон”

Тасвиби қарори раиси вилоят оид ба дастгирии истеъдодҳо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо тасвиби як қарор Барномаи вилоятии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии онро тасдиқ намуд.

Барномаи мазкур бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ҷиҳати ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо дар вилояти Хатлон таҳия гардидааст. Қобили зикр аст, ки дар доираи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, ҳаракати олимпӣ ташаккул ёфт. Агар дар соли 2016 дар вилоят танҳо се олимпиадаи фаннӣ (даставӣ, номӣ, анъанавӣ) баргузор шуда, 1344 хонанда иштирок намуда бошад, пас, дар соли 2021 шумораи олимпиадаҳо ба 21 адад бо иштироки 6329 хонанда расид.

Обшорон соҳиби бунгоҳи тиббӣ шуд Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обшорони шаҳри Кӯлоб як бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо муосиртарин дастгоҳи соҳавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз бо ҳузури мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиб зиёда аз 50 навзод аз амалиёти хатна гузаронида шуданд.

Дар маросими баистифодадиҳии бинои бунгоҳи тиббӣ аҳолии деҳа иштирок намуда, онҳо аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Вусъати ободонӣ дар Сангтӯда Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти “Сангтӯда”-и ноҳияи Данғара бунёду навсозии 27 иншооти таъйиноти гуногун ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои раиси ин ҷамоат Б. Қодиров, то имрӯз 16 иншоот бунёду навсозӣ гардида, иншооти дигар то моҳи сентябри соли равон марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор мегиранд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Истиқлол аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ чанде пеш сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Навобод бо сифати баланд ба анҷом расида, 12 нафар табибону ҳамшираҳои шафқат бо кор таъмин шуданд.

Таъминоти оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Хуросон Дастрасии сокинони маркази ноҳияи Хуросон ба оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд.

Бо ибтикори мақомоти маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайриҳукуматии «Обёрии Кавсар» лоиҳаи махсус барои фароҳам овардани дастрасии сокинони ноҳияи Хуросон ба оби ошомиданӣ татбиқ гардида, дар доираи он аз масофаи 12 километр то ба маркази ноҳия аз чашмаи табиии мавзеи Чинортут хати обгузар расонида шуд. Оби интиқолёбанда ба воситаи қубурҳои пластикии қутраш 50 миллиметра ба ҳавзи захирашавии ғунҷоишаш 600 метри кубӣ рехта, пас аз он ба манзилҳои сокинони маҳал тақсим карда мешавад.

“Бешаи палангон” шомили феҳрасти ЮНЕСКО мешавад? Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи санадро барои ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кардани мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» шурӯъ кардааст, гузориш медиҳад «АП».

Мақоми мавзеи мероси ҷаҳонӣ барои дарёфти як зумра имтиёзҳо ҳам дар самти муҳофизати табиат ва ҳам дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи мамнуъгоҳ мусоидат мекунад. Инҳо, пеш аз ҳама, баланд шудани эътибор, афзалиятнокӣ барои ҷалби маблағҳо, рушд додани шаклҳои алтернативии истифодабарӣ, масалан, туризми экологӣ ва боз бисёр чизҳои дигар мебошанд. «Бешаи палангон» мамнуъгоҳи нодири сайёра аст, ки дар ҳудуди се ноҳияи вилояти Хатлон — Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён воқеъ аст. Дар соли 1938 ба он мақоми мамнуъгоҳ дода шудааст. Масоҳати мамнуъгоҳ тақрибан 50 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳ ягона гӯшаи Замин аст, ки дар он маҷмааи тӯғайзори биёбонӣ боқӣ мондааст.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Чоршанбе, 09.06.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +38 +400 с 0

Панҷшанбе, 10.06.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +39 +410 с 0

Ҷумъа, 11.06.2021

Шабона +21 +230 с Рӯзона +38 +400 с

Манбаъ: www.meteo.tj


2

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

Рузномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдат – бузургтарин дастоварди миллат

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад. Дар мавриде таъмини амнияти озуқавории мамлакат гуфтан мумкин, ки аввалин иқдоми таъсирбахш ба деҳқон вогузоштани замин буд. Чӣ гунае Сарвари давлат дар ин самт таъкид медоранд, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам баҳри рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин кӯшиш бояд кард. Кишоварзони мамлакат низ аз ҳар як суханронӣ ва таъкиду дастгириҳои Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, имрӯзҳо баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон аз як замин муваффақ гардидаанд ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадам, махсусан, парвариши зироатҳо дар зери плёнка ва дар ҳавои кушод баръало ба назар мерасад. Ҳамин тариқ, сол аз сол шукуфоӣ ва пешрафт дар кишвар ба назар расида, мардумро боз ҳам ба ояндаи дурахшандаи Тоҷикистони азиз бурда истодааст. Махсусан, дар пешорӯйи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дигаргуниҳои зиёде ба амал оварда шуд, ки нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад. Бекмурод Исломиддин, раиси Суди ноҳияи Темурмалик

Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Авроқи рангини даврони соҳибистиқлолӣ (соли 2000)

(Идома аз шумораи 29) Ин солро бо ҳама рӯйдоду навгониҳояш метавон оғози амалигардии ҳадафҳои давлату Ҳукумати соҳибистиқлоли демократӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон номид. Зеро қадамҳои неку устувор дар пайравӣ ба шоҳроҳи Ваҳдати миллии бадастомада, ҷунбиши рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ гузошта шуд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, баъди муноқишаву даргириҳо ва парокандашавӣ нахустин маротиба баргузории даҳаҳои фарҳанги минтақаҳои гуногун хурсандиву шодии бепоён ба дили мардум ва боварӣ ба бебозгаштии ваҳдатро нишон медод. Чунин чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ бо иштироки аҳли зиёву фарҳанг, намояндагони ҲХДТ бо барномаи ҷолиби худ, мисоли гӯшту нохун будани мардуми ҳамаи минтақаҳои кишварро пеши рӯ меовард. Махсусан оғози даҳаи фарҳанги вилояти Хатлон, ба минтақаи Рашт, ки дар шаҳраки Ғарм бо гиромидошти 90-солагии шоири маҳбуби халқи тоҷик Боқӣ Раҳимзода рост омад, басо хотирмон буд… Дар асоси тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, ки соли 1999 бо раъйпурсии умумихалқӣ

ворид гардида буд, дар мақоми сиёсати давлатдорӣ низ дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Яке аз онҳо интихоботи парлумонӣ буд, ки моҳи феврали соли 2000-ум шуда гузашт ва Маҷлиси Олӣ ба ду палата ҷудо шуд. Маҷлиси намояндагон, ки доимоамалкунанда мавқеъ гирифт, бо 63 нафар вакилон аз ҷониби халқ интихоб шуд. Ба узвияти Маҷлиси миллӣ бошад, 33 нафар аз ҳисоби коргарону хизматчиёни зинаҳои гуногуни мансабдорӣ бо пешниҳоди Президенти мамлакат ва ҳизбҳо пазируфта шуданд. Гузашти вақт нишон дод, ки вобаста ба сохтори давлатдории демократӣ чунин раванди таҳияву баррасии қонунҳо муҳим аст. Баъди як моҳи гузашти интихоботи парлумонӣ27 марти соли 2000-ум Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, вакилони тозаинтихобро табрик намуд. Ба онҳо дар маснади пурмасъулияташон бурдборӣ таманно намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки оғози фаъолияти вакилон дар мақомоти қонунбарор, дар асоси талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти

миллӣ ба фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки то ин дам амал мекард, хотима мегузорад. 27 апрели соли 2000 бошад, нахустҷаласаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти мамлакат Паёми худро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ ироа намуд. Худи ҳамин сол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низоми нави пулӣ роҳандозӣ шуд. Асъори нави миллии тоҷикӣ бо номи «Сомонӣ», барориши соли 1999 ба муомилот бароварда шуд. Сомонӣ номгузорӣ шудан ба асъори нав, ки воқеан симои миллатро муаррифӣ мекард, аз як тараф арҷ гузоштан ба аввалин сулолаи давлатдорони тоҷик бошад, аз ҷониби дигар ба он такя мешуд, ки дар он аҳд Исмоили Сомонӣ баробари ташкил намудани девони соҳот пулро аз ҷумлаи муқаддасот ҳисобид. Гузашта аз ҳамаи ин воҷибот ба муомилот бароварда шудани асъори миллӣ дар онҳо симои абармардони олами илму адаб, адибону сиёсатмадорони миллати тоҷик таҷассум ёфтаанд. Ҳамчун аъзо дар чорабиниҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ширкат меварзид ва аз минбари баланди он - Ассамблеяҳои генералӣ бо лаҳни ширину шевои тоҷикӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баромад мекард. Соли 2000-ум ин созмони бонуфуз дар Ассамблеяи худ ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани соли 2003-Соли байналхалқии оби тоза ба инобат гирифта, дар ин бора резолютсия қабул намуд. Гузашти солҳо ва бардавом ба ин мавзӯъ баргаштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, пайиҳам қабул гардидани ташаббусҳои нав ба нави Тоҷикистон, охирин Даҳсолаи амалиёт «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» нишон дод, ки миллати тоҷик, барҳақ, посдорандаи муъҷизоти худовандӣ асту Сарвари онҳо абармарди олами фарҳангу маърифат. Боиси қайд аст, ки барои пешрафти боғу ҷангалпарварӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои нави ҷангалпарварӣ ташкил меёфтанд. Аз ҷумла, дар минтақаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ӯротеппа, Норак, Роғун, Даштиҷум, Сарихосор, Балҷувон ва соли 2000-ум дар ҳайати Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин мамнуъгоҳи давлатӣ, мамнуъгоҳи «Зоркӯл» дар базаи парваришгоҳи «Зоркӯл» таъсис дода шуд. Ахиран, соли 2000-ум ҳамчун санаи оғози фаъолияти шабакаи интернетӣ дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Ватан чист? Ватан ҷоест, ки хуни ноф болои хокаш рехтаву бо хок олуда гардидаву зодгоҳ маълум гаштааст. Инсону Ватан ҳамдигарро ба оғӯш мегиранду мукаммал месозанд ва Ватан ҳақ дорад умедвор гардад, ки ин тифли парвардааш то чӣ андоза ӯро навозиш, васф, шуҳратманд ва ифтихорманд мегардонад. Болои хоки Ворухи ман низ ҳазорон хуни ноф рехтаасту бо хок олуда шуда, Ватан ва Модар муайян гардидааст. Имрӯз бархе аз мансабдорон ва худхоҳони қирғиз аз ҳадди худ гузашта, аз меҳрубониву хомӯшии мо-тоҷикон истифода бурда, мехоҳанд порае аз сарзамини аҷдодии моро ғасб кунад. Ин хостаи онҳо ғайриимкон аст ва мо, тоҷикҳо ҳеҷ гоҳ пораи Ватанро, ки бо пораи ҷон баробар аст, ба ҳеҷ дурру гавҳар иваз нахоҳем кард. Асло! Изҳороти ҷониби Қирғизистон нисбати Ворух асосан иғвогарона аст. Пешниҳод кардани он чизе, ки худхоҳӣ асту барои тарафи дигар ғайри қобили қабул мебошад, маънои қасдан тамоми раванди гуфтушунидро ба бунбасти сарбаста бурда расониданро дорад. Ва агар дидаву дониста набошад, пас ин бояд аз нотавонии мутлақ ва надоштани қобилияти баҳо додани воқеъбинонаи ҳодисаҳо шаҳодат диҳад. Ба ҷониби худхоҳону ватандуздони қирғиз ҳамчун як модари тоҷик, соҳиби аслии хоки Ворух, муроҷиат намуда, мегӯям, ки хомӯшии мардуми тоҷик ин аз фарҳанги воло ва аз худогоҳиву худшиносиамон аст, вагарна, агар тоҷике бо қаҳр бихезад, сари ҳазорон Чингизи худхоҳро забҳ мекунад. Ҳолатҳои пай дар пай анҷомдодаи амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби Қирғизистон дар сарҳади Тоҷикистон боварию эътимод ва дӯстии ду миллатро хатарзо намуда истодааст. Ба ҳуҷумҳои қаблии ҷониби қирғизҳо мо-ватандорон чашм пӯшида, гузашт кардем, лек бархе аз мақомотҳои ҷониби

ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатманд ба кӯдакону наврасони имконияти ҷисмониашон маҳдуд кумаку ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Пас аз суҳбат ба кӯдакон ва пайвандони онҳо кумакҳои пулию молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят расонида шуд. Дар ҳамин замина, идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба ду нафар кӯдакони имконияти маҳдуддошта кумакҳои пулӣ ва маводи хӯрокворӣ расонид. Ёдовар бояд гардид, ки идораи рӯзномаи “Хатлон” доиман дар заминаи дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар иду айём ба маъюбону барҷомондагон, пиронсолон ва ниёзмандон чунин кумакҳои хайрхоҳона мерасонад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ниҳоии олимпиадаи наврасон, 17 нафар хонандагони синфҳои 7-8-ум иштирок карда, 4 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Инчунин, миёни хонандагони синфҳои 5-6, ки беш аз 1200 хонанда аз ҷумҳурӣ иштирок доштанд, 16 нафар аз шаҳри Норак ширкат намуда, 11 нафари

онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон, хонандаи синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 Басонати Зикрулло сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Илова бар ин, дар доираи бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар олимпиадаи наврасон ва олимпи-

барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида Дар шаҳри Кӯлоб бунёди манзилҳои нав барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бомаром идома доранд. Ёдрас мешавем, ки 11 майи соли равон бар асари боронҳои сел ва рахна гардидани соҳили сойҳо дар қисмати ҷанубии шаҳр беш аз 1000 хонаи истиқоматӣ хисорот дид, ки зиёда аз 40 манзили зисти сокинон пурра хароб гардида буд. Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил ва корҳои барқарорсозӣ шурӯъ гардиданд. Хушбахтона, аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии манзилҳои зисти шаҳрвандон бо суръат пеш бурда мешавад. Рӯзҳои наздик баъзеи хонаҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии манзилҳои аз офат осебдидан сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш низ бо маром идома доранд. Дар ин кор махсусан бинокорон ва ихтиёриён саҳм мегиранд.

Шаҳри Кӯлоб

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

адаи фаннӣ хонандагони синфи 11 соҳиби 5 медали нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Имсол хонандагони шаҳри Норак дар умум як медали тилло, панҷ медали нуқра, ёздаҳ медали биринҷӣ ва ҳафт ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»

Тангчашмоне, ки дилтанганд, Аз азал дар домани кӯҳи маломат, Сад бағал санганд! Рӯ ба рӯ оинаро бинанд, Пора-пора, майда-майда мекунанд, Чунки аз оина безоранд. Пуштгардонанд дар оин, Чашмҳо бе меҳру пур аз кин! Сарҳаду паҳнои ВОРУХРО чӣ мепурсӣ? Аз азал ҳар зарра хокаш Тоҷикистонист! Решаи зардолуву ҳар барги токаш Тоҷикистонист! Тамъи себу тамъи нокаш Тоҷикистонист! Қатраи обе, ки менӯшӣ, ту, эй қирғиз! Ҷӯи покаш Тоҷикистонист!

Манзилҳои нав

Норак. Дастовардҳои назаррас Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2021-ум 24 ҷойи намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, хонандагони гимназияи давлатии №1, литсейи давлатии “Нурбахш” ва муассисаи таълимии №9 аз фанҳои забони англисӣ, биология ва забони тоҷикӣ ба ишғоли ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Қирғизистон хубии моро ба ҷойи хушомад ва дӯстии моро ба ҷойи хиёнат дониста, дидаву барқасдона муносибати ду давлатро халалдор сохтан мехоҳанд. Мо хоки Ватан ба дурру гавҳар надиҳем ва шумо низ ҳоло фурсат доред, барои худхоҳии худ муносибати миёни ду давлатро барҳам насозед, зеро ки мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳад ва дар ҳолати низоъ бархостан, яқин аст, ки халқи ҳарду давлат осеб хоҳад дид. Зимнан, ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Муносибатҳои ҳамсоягӣ, дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёда аз 4-асра дорад. Бовар дорем, ки ҷониби қирғизҳо ин дафъа мантиқӣ рафтор намуда, барои аз байн рафтани масоили муноқишаҳои марзӣ амиқан ақли солим ғалаба менамояд ва дар заминаи таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ, гузашткунӣ бо назардошти дурнамои рушду нумӯи халқи тоҷику қирғиз ҳалли адолатноки худро меёбад, зеро ки бахшиш аз бузургон гуфтаанд. Ба қавли шоири ширинзабони тоҷик Давлат Сафар:

Сурат - далел

Исматуллои Гули ОЛИМ, “Хатлон”

Кумак ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик таълиму тарбияи кӯдакону наврасонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, барои онҳо шароиту имконияти беҳтарро фароҳам меорад. Махсусан, кӯдакони имконияти маҳдуддошта аз чунин ғамхориҳо бештар бархӯрдоранд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба аёдати 10 нафар кӯдакони маъюби гурӯҳи якуми шаҳри Бохтар рафтанд. Ҳайати гурӯҳи корӣ бо ҳар яке аз кӯдакони имконияти маҳдуддошта ва пайвандони онҳо суҳбат ороста, аз вазъи зиндагӣ ва дигар шароиту имкониятҳои онҳо пурсон шуданд. Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи

Дидгоҳи хос

Ман хоки Ватан ба дурру гавҳар надиҳам

«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Эмомалӣ Раҳмон

Барҳақ, Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик мебошад, ки онро баҳамоии мардум, Ваҳдати миллӣ устувору поянда намуд. Чӣ гунае ҳамагон медонем, дар солҳои нахусти давлатдории навини тоҷикон вазъияти дохилии кишвар ором набуд ва ҳамагон, ҳам давлат ва ҳам халқ, кӯшишу талошҳо баҳри ба эътидол овардани вазъият мекарданд. Ба ин нигоҳ накарда, агар мо танҳо баъд аз солҳои 2000 –ум назар намоем, ба як қатор дастовардҳои бузурге ноил гардидем, ки ҳатто мислашро дар солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасаввур кардан ғайриимкон буд. Дар мисол аз сохтмонҳои азими аср, яъне НБО – и «Сангтӯда -1», «Сангтӯда - 2», «Роғун», ки кишвар ва мардуми онро аз як мушкили калидӣ, яъне танқисии барқ раҳонид ва дар стратегияи давлатдорӣ мавқеи асосиро ишғол дошт. Хушбахтона, бо кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи қавии халқи заҳматқарини Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расид ва дар кӯтоҳтарин муҳлат мамлакат пурра ба истиқлолияти энергетикӣ расид. Дигар масоиле, ки ҳадафи стратегии ҳукумат қарор дода шуд, ин масъалаи баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Дар ин самт низ корҳои зиёд ба иҷро расид. Дар ин самт як силсила тадбирҳои судманд амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ - Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаршару Чормағзак ва ғайраҳо ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои байналмилалӣ имкон фароҳам

Сешанбе, 8 июни соли 2021, №33 (3322)

Ноҳияи Вахш


Сешанбе, 8 июни соли 2021, №33 (3322)

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

Мавзӯи рӯз

Вале рушди он дар вилоят қаноатбахш нест

Мутаассифона, нишондодҳои омории се соли охир дар ин самт бозгӯи он аст, ки дар амал татбиқ намудани қарори мазкур мувофиқи матлаб нест. Дар ҳоле, ки ҳанӯз то солҳои 90-ум дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 100 ҳазор сар харгӯш парвариш меёфт, ин нишондод ба 1-уми майи соли 2021 ҳамагӣ 41 ҳазору 455 сарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 14 ҳазору 701 сар дар ноҳияи Вахш, 4095 сар дар ноҳияи Ёвон, дар ноҳияҳои Носири Хусрав 2065 сар ва Данғара 2200 сар, дар дигар навоҳии вилоят аз 20 то 1905 сар рост меояд. Мутахассисони соҳаи чорводории вилояти Хатлон изҳор медоранд, ки барои рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар деҳот имкониятҳо зиёданд. Ба гуфти Одил Ашӯров, сармутахассиси раёсати чорводории Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, бинобар беаҳамиятии масъулони соҳа дар самти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон оид ба “Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2023”, то имрӯз сокинону соҳибкорон оид ба аҳамияти рушди ин соҳаи даромаднок маълумоти кофӣ надоранд. Ҳол он ки дар натиҷаи рушди

@ruznomai_khatlon

Баҳси касбӣ

Харгӯшпарварӣ соҳаи сердаромад аст Бо дарназардошти иқлими мусоид ва шароиту имкониятҳои зиёд баҳри рушди харгӯшпарварӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт, таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ҳанӯз 9-уми июли соли 2019 қарори раиси вилояти Хатлон оид ба “Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2023” ба тасвиб расида буд. Тибқи банди дувуми барномаи мазкур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдори вилоятӣ вазифадор шуда буданд, ки бобати вусъат бахшидан ба рушди соҳаи харгӯшпарварӣ чораҳои зарурӣ дида, аз натиҷаи корҳои иҷрогардида ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ахборот пешниҳод намоянд.

Рузномаи «Хатлон»

харгӯшпарварӣ ва афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезӣ имкон фароҳам меояд, ки зиёда аз 50% талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштӣ таъмин кард. Дар ноҳияи Панҷ 25 нафар сокинону соҳибкорон ба харгӯшпарварӣ машғуланд. Шералӣ Одинаев, мудири бахши кишоварзии ноҳия, иброз медорад, ки тибқи дурнамо давоми се соли оянда бояд саршумори зотҳои гуногуни харгӯш аз 1320 ба 6000 ҳазор сар расонида шавад. Соҳибкори ҷавони ин ноҳия Илҳомбек Хушқадамов, муддати панҷ сол боз дар шароити хона беҳтарин зотҳои харгӯшро парвариш менамояд. Мавсуф бо мақсади рушду ривоҷ додани ин соҳаи сердаромад зотҳои беҳтарини харгӯшро аз хориҷи кишвар ворид карда истодааст. - Зотҳои интихобнамудаи мо дар семоҳагӣ то 3 кг вазн мегиранд, ки 2,7 кг онро гӯшти тоза ташкил медиҳад. Бартарии зотҳои фламандри белгиёӣ ва харгӯшҳои сурхи аз Зеландияи нав овардашуда дар он аст, ки барои парвариши онҳо об ва бедаву ҷав кифоя аст. Ҳол он ки дигар навъи харгӯшҳо бидуни ғизои иловагӣ фарбеҳ намешаванд,- мегӯяд Илҳом Хушқадамов. Ба гуфти мутахассисон харгӯши модина дар фосилаи ҳар 45 рӯз насли нав ба бор оварда, дар як шабонарӯз 100-150 грамм вазн мегиранд. Яъне, ба ҳисоби миёна, дар хоҷагие, ки 100 сар харгӯш парвариш меёбад, ҳар моҳ саршумори он 8 баробар афзуда, аз ҳисоби истеҳсоли гӯшти парҳезӣ хоҷагидор фоидаи зиёд ба даст меорад. Барои муваффақ шудан дар ин ҷода, пеш аз ҳама, масоҳати кифояи

замин ва хоначаҳо барои парвариш намудани харгӯш нақши муҳим мебозад. Барои рушду тараққӣ додани соҳаи мазкур роҳбарияти ноҳияи Панҷ ба соҳибкори ҷавон Илҳомбек Хушқадамов 10 сотих замин ҷудо намудааст. Аммо соҳибкор барои бунёди иншоот (фермаи харгӯшпарварӣ) аз кумитаи заминсозии ноҳия иҷозатнома гирифта наметавонад. Новобаста ба мушкилиҳои дар пешистода Илҳомбек боварӣ дорад, ки баъди гирифтани иҷозатномаи сохтмони ферма саршумори харгӯшҳои хушзотро афзоиш медиҳад. -Харгӯшпарварӣ яке аз беҳтарин роҳҳои рушди соҳибкорӣ дар навоҳии дурдаст мебошад,- илова кард И. Хушқадамов. – Ҳатто дар қиёс ба чорвопарварӣ ҳам соҳаи харгӯшпарварӣ даромади бештар меорад. Агар як чорвои калони шохдор рӯзе 300-400 грамм вазн мегирифта бошад, пас, як сар харгӯши хушзот дар як рӯз 100-150 грамм вазн мегирад. Дар мисоли харгӯши зоти фламандри белгиёӣ дар 45-рӯзагӣ 1,5-2 кг ва дар 7-8моҳагӣ аз 10 кг зиёд вазн мегирад. Бинобар ин, итминон дорам, ки баробари бунёди фермаи харгӯшпарварӣ мағозаи фурӯши гӯшти парҳезиро ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ аз болоравии нарху навои маҳсулоти гӯштӣ дар ноҳияи Панҷ саҳми худро хоҳам гузошт. Коршиносон изҳор медоранд, ки дар баробари таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи харгӯшпарварӣ ва афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезӣ пӯст ва мӯинаи харгӯш ҳамчун ашёи хоми саноатӣ арзиши баланд дорад. Зеро мӯинаи харгӯш барои коркарди маҳсулоти трикотажӣ ва пӯсти он барои истеҳсоли пойафзол зарур аст. Бинобар ин, бо мақсади баландшавии иқтисодиёт ва дигар ҷанбаҳои судманди соҳа, рушди соҳаи харгӯшпарварӣ бояд аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Ҷамолиддин САЙФИДДИН, “Хатлон”

Ҳифзи кӯдакон

«Рӯҳбахш»- рӯҳбахши маъюбон

Чандест, ки дар ноҳияи Муъминобод Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд бо номи «Рӯҳбахш» фаъолият дорад. Менеҷери он Оламбӣ Латифова оид ба фаъолияташон чунин ибрози ақида намуд: “Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Зеро барои ҷомеаи мо насли солиму ояндаи солим лозим аст”.

Кормандони марказ фаъолияти оинномавии худро аз рӯйи нақша ба роҳ мондаанд. Барои ҳар як кӯдак нақшаи инфиродии хизматрасонии иҷтимоӣ тартиб дода, ба ҳар як маъюб тариқи инфиродӣ, ройгон хизмат мерасонанд. Тавонбахш Амиршозода Ҳаким ба 53 нафар бемор тавонбахшӣ, маҳсгар Сангова Лутфия бошад, ба 55 нафар беморон маҳсдармонӣ гузаронидаанд. Корманди иҷтимоӣ Ғоибова Зулфия ба 59 нафар, Бобоев Муҳаммадҷон ба 56 нафар кӯдакон хизматрасонӣ намуда, ҳамзамон, 10 нафар маъюби дигарро ба марказ ҷалб карданд. -Ҳадафҳои асосии Маркази тавонбахшии «Рӯҳбахш» таъмини сиҳатии маъюбон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа, дарёфти роҳҳои ҳалли он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яъне, давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Барои ҷомеаи мо насли солиму ояндаи солим лозим аст. Мушкилоти беҳгардонии шароити кӯдакону занон ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон ва тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» дар ташкили марказҳо ва ҳуҷраҳои будубоши рӯзона, дастгирию машваратӣ барои маъюбон замина муҳайё намудааст. Бо мақсади хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти марказ бо дастгирии соҳибкорон утоқи чойнӯшии кӯдаконро таъмир намуда, барои истироҳати маъюбон шароити маданӣ муҳайё кардаанд. 12 нафар маъюби дигар барои истироҳат ба осоишгоҳи Сарихосор шуданд. Инчунин, барои 4 нафар маъюб тариқи муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия барои гирифтани аробачаи маъюбӣ пешниҳод шуданд. -Бо мақсади ҳалли мушкилоти марказ соҳибкорону саховатпешагонро ҷалб намудем. Толори хӯрокхӯрӣ дар вазъи ногувори санитарӣ қарор дошт. Бо дастгирии соҳибкорону хайрандешон ин ҳуҷраро аз таъмири ҷорӣ баровардем, -иброз медорад О. Латифова. Бо вуҷуди дастовардҳо камбудиҳои ислоҳталаб низ дар марказ ҷой доранд. Аз ин рӯ, хеле хуб мебуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ бо занону духтарони осебпазир, гузаронидани вохӯриҳо дар сатҳи ҷамоатҳо ва ноҳия оид ба ҷалби бештари маъюбон ба марказ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа чораю тадбирҳо андешида шаванд. Насиба Ҳасанова, н. Муъминобод

Аз ҳаёти сохтмонҳои азим

Кохи нур сохта мешавад Дар харитаи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон, ки дар асоси аввалин тадқиқотҳои ҷуғрофии олимони СССР соли 1932 аз тарафи И. Караулов таҳия гардид, дар мавзеи Роғун бунёди НБО-и «Сичароғ» ишора гардида буд. Саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аз нав барқароркунии харобаҳои ҷанг ба сохтмони неругоҳи барқӣ халал ворид намуд. Баъди ҶБВ ба масъалаи бунёди сохтмони НБО-и «Роғун» аз нав баргаштанд ва онро комиссияи давлатии иқтисодии Госплани СССР маъқул ёфт. Дар толори агрегатҳо 70 фоизи корҳо, дар толори трансформаторҳо 80 фоиз корҳо ба субот расида буданд. Вале бо кӯч бастани мутахассисон бо барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ кори сохтмони неругоҳ қатъ гардид ва обхезии шадиди соли 1993 сарбанди нотамомро шуста бурд, дохили нақбҳо пур аз сангу шағал шуданд. Баъди ба эътидол омадани кишвари соҳибистиқлоламон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 октябри соли 2006 чунин гуфта буд: “ Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2007 сохтмони ин неругоҳро бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шурӯъ намоем ва вусъат бахшем”. Суханони созандаи Президенти Тоҷикистон ба оғози сохтмони НБО такон бахшид. Ташкилотҳои сохтмонию қудратии ватанию хориҷиро дар атрофи ҷамъияти саҳомию фаръии сохтмони асосии ҶСК “НБО Роғун” ҷамъ овард. Зиёда аз 70 корхонаи сохтмонӣ дар сохтан ва ба истифода додани неругоҳи барқи обии “Роғун” меҳнат карданд. Чархаҳои якуму дуюм ( аз рӯи ҳисоб шашум ва панҷум), ба истифода супорида шуданд. Корҳои нақбканӣ, бетонгарӣ, тарконидан, системаи ҳаводиҳӣ, бо обу барқ таъмин намудани иншоотҳои сохтмонӣ ва пудратчиҳо ба зиммаи

ҶСК НБО “Роғун” мебошад. Ин корҳо ба таври мунтазам баҳри ба истифода супоридани агрегати сеюму чорум давом дорад. Корҳои сохтмонӣ дар ин марҳала бомаром пеш меравад. Дар пеш бурдани корҳои сохтмонии неругоҳ дар қатори ташкилотҳои азими ҷумҳурӣ ҳиссаи корхонаҳои вилояти Хатлон низ калон мебошад. Аз ҷумла, дар ин коргоҳи азим ҶДММ «Инвестор», «Дароб» – и шаҳри Норак, «ТГЭМ», ҶДММ «Экспертсаноат»- и ноҳияи Ёвон иштирок намуда, кохи нури Роғунро, ки ояндаи дурахшони кишварро мунаввар мекунад, месозанд. Дар сохтмони дарғот, нақбҳои ноқилгузар, обгузари неругоҳ корхонаи хориҷии итолиёвӣ «Салини Импреҷил» низ ҳисса мегузорад. Якчанд корхонаи сохтмонии Федератсияи Россия низ бо халқи тоҷик китф ба китф истода, неругоҳро бунёд мекунанд. -Иқтидори лоиҳавии НБО «Роғун» 3600 МВт, садди обанбор 335 метр мешавад,-мегӯяд сардори шуъбаи истеҳсолӣ-назоратии ҶСК НБО-и «Роғун» Абдуллохон Аҳмадов.-Тибқи нақша обанбор дар давоми 15-17 сол аз об пур мешавад, ки ин манбаи фаровони барқ мегардад. Баъди пурра ба кор даромадан,аз даромади софи неругоҳ дар се сол хароҷоти пурраи сохтмон пӯшонида мешавад.Сохтмончиёни неруманди неругоҳ бо дили пур ва меҳнати зарбдоронаашон ин коргоҳи нурро дар солҳои наздик месозанд. З. Ҳусейнов

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

3

Имрӯз дар аксарияти донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ихтисосҳои соҳаи журналистика омӯзонида мешавад. Дар соли таҳсили 2021-2022 дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ тибқи нақшаи қабули Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 715 нафар донишҷӯ ба риштаи журналистика қабул карда мешавад. Мушоҳидаҳои солҳои пешин нишон медиҳад, ки замони интихоби касб довталабон бо мақсадҳои мухталиф соҳаи журналистика (умуман тамоми соҳаҳо)-ро интихоб мекунанд. Баъзе довталабон барои аз хизмати ҳарбӣ раҳо ёфтан, бархе барои соҳиби диплом шудан, қисми дигар барои вақтгузаронӣ ва танҳо шумораи ками онҳо барои журналисти ҳақиқӣ шудан, ин самтро интихоб мекунанд.

Аз журналистикаи табаа то журналистикаи ҳирфаӣ

Баъди хатми донишгоҳ яке омӯзгориро пеша мекунад, дигаре ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, сеюмин бошад, маҳдуд будани ҷойи корро баҳона ҷуста, сарсону саргардон мегардад. Худро дар ҳама ҷо журналист эълон мекунад, вале нафъе ба ҷамъият аз фаъолияти касбиаш намерасонад. Барои фаъолияти касбӣ ба ин ё он нашрия меравад. Ҳамагӣ чанд рӯз кор мекунаду ба мушкилии кор зӯраш нарасида тарки соҳа мекунад. Ин сабаб мешавад, ки номи журналисту журналистика то андозае рахна пайдо мекунад. Чаро журналистикаи табаа аз журналистикаи ҳирфавӣ пештозтар шуда истодааст? Сабабҳо хело зиёданд. Мо ин суолро аз чанд нафар пурсидем ва ҷавобҳои мухталиф пайдо намудем.

Р. МАРАИМОВ, рӯзноманигор: «Чанд сабаби ҷиддӣ вуҷуд дорад. Аввалан, ин ба пешрафти фанновариҳои ҷадид иртибот дорад. Дар ин сурат ҳам, назарҳое ҷо доранд, ки пайдоиши интернет ва фанновариҳои ҷадид ба журналистон ва журналистикаи касбӣ бо ҳар роҳу васила монеа пеш меоварданд ва онҳо наметавонанд дар доираи қонунҳои расмӣ фаъолият намоянд. Сабаби дуюм дар он аст, ки журналистикаи касбӣ то ҷое бо сабабҳои хос эътимодро аз даст дод. Дар натиҷа, мардум фикр мекунанд ва бисёрии вақт ҳақ ҳам бо онҳост, ки расонаҳои касбӣ на ҳама чиро мегӯянд. Ин ҷараён мардумро ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ҷалб менамояд, то «гапи ҳақ» -ро пайдо кунанд. Дар ин миён пайдоиши ахбору маълумоти ҷаълӣ ва ба истилоҳ фейкӣ, ки бо ҳадафҳои гуногун интернетро пур мекунанд, метавонад хонандаро ба фикр кардан водор намояд. Аз ҷумла, ман ҳам дар қатори хеле аз муҳаққиқони маъруф бовар дорам, пас аз чанде одамон ба журналистикаи расмиву касбӣ рӯ меоранд ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ дилмонда мешаванд. Фақат тафовут ин аст, ки одамон ба журналистикаи касбии босифат бовар кардан мехоҳанд, на он чи ки мутаассифона, мо дорем. Агар дар пешорӯ ба ин раванд омодагӣ бигирем, шояд мардумро ба журналистикаи касбии босифат баргардонем, агар не, чизе гуфтан душвор». Х. НИЁЗОВ, рӯзноманигор: “Барои он, ки қариб ҳама рӯ ба интернет овардаанд. Нашрияҳои мо дар як ҳафта як маротиба чоп мешаванд, нашрияҳои интернетӣ ҳар соат чандин хабар дода метавонанд. Инчунин, нашрияҳо гаронтар аз интернет ҳастанд.” Я. Маҳмаднабиев, рӯзноманигори телевизиони «Варзиш»: “Имрӯз касе дар даст лаптопу смартфон ва дастрасӣ ба интернет дорад, гумон аст, ки ҳаводису воқеаҳои дар атрофбударо нодида гирад. Рушди технология таъсири худро болои мардум мегузорад ва ҳар касе ба он дастрасӣ дорад, метавонад дар майдони журналистикаи шаҳрвандӣ ҷилва намояд. Аммо ба гумони инҷониб, журналистикаи шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ ҷойи журналистикаи касбиро гирифта наметавонад, зеро журналисти касбӣ дар асоси принсипи

асосии журналистика “айният ва беғаразӣ” фаъолият мекунаду журналистикаи шаҳрвандӣ дар асоси таассубу ғарази шахсӣ”. Д. Имомалӣ, рӯзноманигори радиои «Ватан»: «Журналисти касбӣ барои фаъолият намуданаш донишгоҳро хатм мекунад. Дар давоми чор соли таҳсил ӯ тамоми паҳлуҳои касбашро меомӯзад ва ба низомномаю қонунҳои барои журналист пешниҳодшуда шинос мешавад. Медонад, ки кадом суханро нашр кунад, ҷурм асту кадомашро нашр кунад, ҷазо. Хосса, тамоми маҳдудиятҳои касбашро меомӯзаду аз рӯйи он амал мекунад. Журналистикаи шаҳрвандӣ бошад, аз қавоиди барои журналист мавҷудбуда огоҳие надорад, чӣ матлаберо, ки хоҳад, нашр мекунад ва чӣ асрореро, ки донад, ифшо мекунад. Имрӯз журналистикаи тоҷик дар раванди ташаккул ва пешравӣ аст. Вале аз гуфтаҳои боло хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки бо талаб ва идроки давр журналистикаи касбӣ мавқеи худро дар ҷамъият аз даст дода истодааст. Иттилоъ расонидан вазифаи аввалиндараҷаи ВАО мебошад, лекин имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки воқеа ё хабари бавуҷудомадаро пеш аз расонаҳои хабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем. Ин маънои онро дорад, ки эҳтиёҷи мардум ба журналистикаи хабарӣ кам шуда истодааст, зеро иқтидори паҳншавии иттилоот ба суръати кайҳонӣ баробар шудааст, он ҳам бо шарофати техникаву технология. Лекин ҳеҷ вақт журналистикаи шаҳрвандӣ аз журналистикаи касбӣ пеш гузашта наметавонад, чунки он танҳо ба расонидани иттилоъ қодир асту халос. Журналистикаи ҳирфаӣ тамоми масъулияти телевизиону радио ва матбуоту агентиҳои иттилоотиро ба дӯш дорад. Инчунин, масъалаи фаъолшавии журналистикаи табаа аз журналистикаи маданӣ танҳо масъалаи миллӣ набуда, балки дар тамоми ҷаҳон мавриду мубоҳисаву муҳокима қарор дорад». Ҷасури ҚИЁМИДДИН, коромӯзи «Хатлон»

Назари омӯзгор

Офатҳои табиӣ ва роҳҳои паст кардани хатари онҳо Барои омода будан ва масъалаи паст кардани офатҳои табиӣ фанҳои табиатшиносӣ ва техникиву технологияҳои муосирро донистан лозим меояд. Бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, табиӣ ва дақиқ” эълон гардид. Ҳадафи баланд бардоштани фарҳанги техникӣ тарбия ва омода намудан ба худмуҳофитазаткуниву худнаҷотдиҳӣ дар мавриди сар задани ҳар гуна хатари офатҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Сарвари давлат таъкид мекунад: “Насли ҷавони моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ рӯ оварда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархӯрдор гарданд”. Тибқи Барномаи давлатии таълими фанни физика дар вақти гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанни физика ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шудааст. Барои донистани масъалаи паст кардани хатари офатҳои табиӣ донистани сабабҳои ба амал омадани онҳо лозим аст. Аз тарафи дигар, шинос намудани хонандагон ба роҳҳои паст кардани ҳар гуна хатари офати табиӣ ба тарбияи экологии онҳо мусоидат мекунад. Ба замми ин, кишвари мо, ки 93%-ро кӯҳҳо ташкил менамояд, қариб ҳар сол дар ин ё он мавзеаш офатҳои гуногуни табиӣ, аз қабили обхезӣ, сел, зилзила ва тармафароӣ ба амал меояд, ки дар натиҷаи ин талафоти ҷонию моддиро ба бор меорад. Мутаассифона, дар ин ҳодисаҳо бештар кӯдакону хонандагони мактаб зарар мебинанд. Онҳо бештар ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд. Мо сабабҳои ба амал омадани хатарҳои офатҳои табиӣ ва роҳҳои пешгирии онҳоро дар ин маврид мухтасар маълумот медиҳем. Тармафароӣ. Ин барфи селгашт ё дар муддати зимистон дар қулла ё нишебиҳои кӯҳҳо ҷамъшуда аст. Бо ягон сабаби табиӣ ё сунъӣ канда шудани барф, бошиддат ба поён фаромадани барфро тармафароӣ меноманд. Барои пешгирии тармафароӣ мутахассисон одамонро пешакӣ огоҳ менамоянд, ба воситаи тирпаронӣ ё таркиш тармаро ба поён мефароранд. Ҳамзамон, як қатор корҳоро мутахассисон

(дарахтзор кардани нишебиҳо, сохтани новаю айвонҳои тармагузар) анҷом медиҳанд. Сел. Аз водиву кӯҳҳо ва сою ҷариҳо ба муддати кӯтоҳ ҷорӣ шудани обҳои лойолуди серсангро сел мегӯянд, ки дар натиҷаи боридани жола ё борони сахт ва аз ҳад зиёд шудани барфу пиряхҳо ба амал меояд. Бо мақсади пешгирии хатари офати табиӣ дар ҷойҳое, ки хавфи сел ба вуҷуд меояд, дарахт мешинонанд, соҳилҳоро мустаҳкам мекунанд, иншооти гидротехгникӣ месозанд. Зилзила. Ин зарбаҳои зеризаминӣ ва ларзиши сатҳи замин, ки он дар натиҷаи баъзе равандҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд. Сарчашмаи зилзила ҷое мебошад, ки дар қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ бо сабаби фурӯравиҳо дар қаъри замин оташфишонии вулқонӣ ва ҳаракатҳои тактоникӣ нисбат ба дигар якбора мелағжанд ва бо ҳамин далел зарбаҳои зеризаминӣ ба амал меоянд. Обхезӣ. Ин натиҷаи бо сабабҳои гуногун зиёд шудани оби дарё, кӯл ё баҳр мебошад. Дар натиҷаи ин дар зери об мондани маҳалу кишт ба амал омада, он низ хатари калон дорад. Обхезӣ дар натиҷаи об шудани барфу пиряхҳо ва инчунин, боришоти зиёд ба вуҷуд меояд. Обхезӣ ҳангоми дар маҷрои дарё ҷамъ шудани шағалу санглохҳо ва яхпораҳо ба амал меояд, бинобар ин, пеши роҳи онҳоро сари вақт гирифтан лозим аст. Усули беҳтарини зидди обхезӣ танзими ҷараёни дарё бо роҳи сохтани обанборҳо мебошад. М. Маҷидов, омӯзгор, шаҳри Бохтар


4

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

Рузномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

Тахти Сангин

Сешанбе, 8 июни соли 2021, №33 (3322)

Тахти Сангин шаҳрест, ки дар замони Искандари Мақдунӣ бино шудааст. Вай қисми таркибии калонтарин бозёфти асри ХХ Ганҷинаи Амударё мебошад. Димнаи Тахти Сангин дар қисми ҷанубии ноҳияи Қубодиён, дар соҳили рости саргаҳи Амударё, ки оби дарёҳои Вахшу Панҷ ва

-

«Хатлон». Беҳтаринҳои моҳи май Аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар моҳи май ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо муайян шуданд.

Кофарниҳон ба ҳам омезиш меёбанд, ҷойгир аст. Тахти Сангинро аз шарқ Амударё, аз ғарб кӯҳи Тахти Қубод, аз шимол ва ҷануб иншоотҳои дуқабатаи муҳофизаткунананда иҳота кардаанд.

5 пешниҳод

Бохтарро

ободу зебо дидан мехоҳем

метавонанд. Агар ҳавзҳои шиноварӣ зиёд бошад, бешубҳа, ғарқшавӣ ва фавт пешгирӣ мешавад. Агар дар назди ҳавзҳо нуқтаи фурӯши обҳои ташнашикан, яхмос кушода шавад, боз беҳтар. Пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу Аз ин рӯ, дар ҳудуди шаҳри Бохтар на кам аз 6-7 ҳавзи шиноварӣ зебо ва ба яке аз шаҳрҳои дилрабо табдил ёфтааст. бунёд ва ба хизмати меҳмонону сокинон гузошта шавад, хуб мебуд. Ҳамзамон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ ҷавобгӯ ба чойхонаи Мӯйсафедон. Чаро барои собиқадорону пирони талаботи шаҳрдорӣ буда, ҳама гуна иншоот, нақлиёт, рӯзгордида як чойхонаи замонавӣ насозем? Мӯйсафедон дар дами пирӣ орзу мекунанд, ки дар чунин маркази дидор ба ҳам омада, аз рӯзгори якроҳ, инфрасохторро бунёд ва ба истифода дода истодигар огоҳ шаванд. Дар аҳди Шӯравӣ барои онҳо дар шафати техникуми даанд. Баҳри ободу зебо гардидани маркази вилояти энергетикӣ (ҳозира Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи махсусгардоХатлон - шаҳри Бохтар 5 пешниҳоди хонандагонро ба нидашудаи шаҳри Бохтар) як чойхонаи боҳашамат мавҷуд буд. масъулини шаҳр ва соҳибкорони ободгар мерасонем. Неру ва таҷрибаи зиндагии онҳо барои ҳар яки мо, ҷавонон бойигарии милливу таърихи зинда аст. Бо бунёд гардидани чойхонаҳои бароҳат барои калонсолону собиқадорон мо на танҳо савоб мегирем, балки фахр бояд кунем, ки калонсолро қадр кардаву аз онҳо панди рӯзгор меомӯзем. Бояд гуфт, ки соҳибкорон низ метавонанд, барои амалисозии ин иқдом саҳмгузор бошанд. Насби радиоузел. Ҳар саҳар, вақти ба кор рафтан аз назди МаъТибқи иттилои муовини раиси Шӯрои собиқадорони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба гӯшам лум аст, ки ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон д садои сарояндаҳои машҳури тоҷик, хусусан овозхонони а р фасли тоб Саидқул Шомалангзода шумораи собиқадорони истон садҳ даврони Шӯравӣ, хабару рӯйдодҳо ва барномаҳои рано н а ф ар сокинон ҷангу меҳнат 70 ҳазору 240 нафар мебошад. гини радио мерасад. Воқеан ҳам, кас роҳат мекунад, у меҳмоно шаҳр аз гар ни -Шумо масъалаеро пешниҳод кардед, ки вақте субҳи содиқ ба гӯш садои мусиқии дилнавозу мии зиёд ба соҳилҳои собиқадорон онро солҳо боз орзу мекунанд. каналу дарё дилфиреб мерасад. ҳо мераванд, ки , хусусан дарёи Вахш Дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Шаҳритус, Тибқи мушоҳидаҳо, дар шаҳри Бохтар ба дар ин боиси ни назди театри мусиқӣ-мазҳакавӣ, инчунин дар осор- андешаи гаронист. Ба Ҷайҳун, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ дар м о , я ке чойхонаҳо гӯшае барои собиқадорони аз сабабҳои хонаи Бибихонум радиоузел насб карда шудаасту шуд ани одамон ба об ғарқ ҷангу меҳнат ҳаст. Лекин ин қонеъкунанда халос. Агар чунин нуқтаҳои радиошунавонӣ дар н а будани ҳавзҳ варист, зер ои шино- нест. Ҳоло мо пешниҳод карда истодачанд гӯшаи бозор, майдони “70-солагии водии о шумораи бештари од Вахш”, гулгашти Кохи Лоҳутӣ, назди Парчами дар дарё, ки тезҷ амон ем, ки дар ҳар як ҷамоати шаҳру ноҳияҳо араён аст, ш давлатӣ ( дар майдони Исмоили Сомонӣ), дар наметавона и н о карда махсус чойхона барои собиқадорон сохта нд. Агар ҳав шавад. Зеро собиқадорони мо на кам аз боғи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дигар ҷойҳое, зиёд зҳ ои шиновар бошад, беш ӣ 70-сола ҳастанду имкону қуввати то марки шумораи бештари одамон вақти худро мегузау б ҳ а , ғарқшавӣ в фавт пешги а кази ноҳия рафтан надоранд. Дар замони ронанд, насб карда шавад, ба манфиати сокинону рӣ мешавад . Агар дар н а зд соҳибистиқлолӣ барои собиқадорон сохтаи нуқтаи меҳмонон мешавад. фурӯши об ни чойхонаҳо бениҳоят зарур ва вақтӣ мебоҳавзи шиноварӣ. Тибқи иттилои собиқ мудиташнашикан ҳои , яхмо шад,- гуфт дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” ри бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Искандар шавад, боз б с кушода Саидқул Шомалангзода, муовини раиси Шӯрои еҳтар. Мирзохонов, дар ҳудуди шаҳри Бохтар ду ҳавзи шиноварии собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилотобистона мавҷуд мебошад. яти Хатлон. Маълум аст, ки дар фасли тобистон садҳо нафар сокинону Автобусҳо ҳусни шаҳранд. Ҳукумати шаҳри Душанбе иқдоме пеш гирифтааст, ки тибқи он донишҷӯён дар автобус ё тролейбус аз корти донишҷӯӣ (имтиёзнок) истифода мебаранд. Чунин иқдомро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба роҳ мондааст, ки боиси дастгирӣ мебошад. Аммо чунин иқдомро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар пеш мегирифта бошад? Дар як нишасти матбуотӣ ишора рафт, ки соли 2022 ба шаҳри Бохтар автобусҳо ворид мешаванд. Шояд он вақт мушкилоти донишҷӯён ҳалли худро меёбад? Қуттиҳои партовпартоӣ. Кӯчаву роҳравҳои шаҳри Бохтар аз ғарами партовҳо чиркин шудааст. Мутаассифона, дар шаҳр қуттиҳо барои патов бениҳоят кам аст. Ҳатто дар дохили бозор ҷой барои партофтани пасмондаи маҳсулот вуҷуд надорад. Бӯйи ғализе, ки дар бозор ба димоғ мерасад, касро нороҳат мегардонад. Боиси тазаккур аст, ки сокинон низ фарҳанги шаҳрдорӣ ва нигоҳдории тозагии шаҳрро ба хубӣ дарк намекунанд. Борҳо мушоҳида намудаем, ки аксарияти ҷавонон коғазпораву зарфҳои холии обро дар қуттиҳои партовпартоӣ неву дар рӯйи замин мепартоянд. P.S. Ин пешниҳодҳои холисонаро аз мушоҳидаҳои ҳаррӯза омода сохтем. Шояд шаҳрдории Бохтар онро нодида намегирад ва баҳри зебоии меҳану ҳифзи муҳити зист дар нақшаи корҳои ободонӣ бахшида ба меҳмонони шаҳр аз гармии зиёд ба соҳилҳои каналу дарёҳо, хусусан ҷашни фархунда онҳоро ворид мекунад ва дастгирӣ меёбад. дарёи Вахш мераванд, ки ин боиси нигаронист. Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои ба об ғарқ шудани одамон набудани ҳавзҳои шиноварист, зеро Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон” шумораи бештари одамон дар дарё, ки тезҷараён аст, шино карда на-

Дастовард

Пирӯзии ҳунармандони Хатлон дар фестивали ҷумҳуриявӣ Дар толори меҳмонхонаи «Ҳаят-реҷенси»-и шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии атласу адрас баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории Фестивали атласу адрас арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифгари фарҳанги миллист, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили атласу адрас, инчунин тарғиби санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Тавре ки аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла намоиши либосҳои қадима, кӯдакона,

« ХАТЛОН »

рӯзмарра, либосҳои идона ва либосҳои расмӣ иборат буда, он аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Дар ин фестивал бонувони ҳунарманди вилояти Хатлон низ иштироки фаъолона дошта, дар номинатсияи пиллапарварон ҶДММ "Дук"-и ноҳияи Шаҳритус сазовори ҷойи якум дониста

шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Фозилова Файзия аз шаҳри Левакант, Алаёрова Ашӯрой аз ноҳияи Темурмалик ва Очилдиева Савринисо аз ноҳияи Шаҳритус «Беҳтарин бофандагони матоъҳои адрас» дониста шуда, бо Ифтихорномаю мукофоти молӣ (телефони мобилӣ) қадрдонӣ шуданд. Қобили зикр аст, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд. Хотиррасон мешавем, ки давоми се соли охир чунин фестивал дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд. Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Дар рӯзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешӣ матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рӯзнома метавонад бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро бар дӯш нагирад. Матолиби муаллифони беруна дар шакли электронӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 қабул карда мешавад. Ба саҳеҳии далелу арқоми эълону матлабҳои дорои хусусияти тарғиботию рекламавӣ идораи рӯзнома ҷавобгӯ нест. Дастнавису суратҳо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд.

Сармуҳаррир Носирҷон МАЪМУРЗОДА

web: www.khatlon-ruznoma.tj / e-mail: khatlon.tj@mail.ru

Соли 90-уми нашр

Дар ҷамъбаст бозингари беҳтарини моҳи май нимҳимоятгари дастаи "Хатлон" Тоҳирҷон Тағойзода ва ҳамчунин, мураббии беҳтарини ин моҳ сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев дониста шуданд. Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии А. Ҳабибуллоев дастаи "Хатлон" дар моҳи май 4 бозӣ баргузор намуда, дар 3 рақобати он ғалаба ба даст овард. Тоҳирҷон Тағойзода дар 3 бозӣ пай дар пай ба дарвозаи дастаи ҳарифон – “Равшан” (2: 1), “Кӯктош” (2: 0) ва “Истаравшан” (2: 1) тӯби ғалабаовар ворид намудааст. Ғолибони моҳи май пеш аз оғози бозии даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои "Файзканд" - "Хатлон", ки 20 июни соли равон баргузор мешавад, бо мукофотҳои пулӣ - ҳар кадоме дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ, сарфароз гардонида мешаванд.

Футболбозони «Хатлон» пироҳани тими миллӣ мепӯшанд 7 июн бо мақсади омодагии хуб дидан ба даври интихобии Чемпионати Осиё ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони то 23солаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ин ҷамъомад то 14 июн идома ёфта, ба он 4 футболбози дастаи “Хатлон” низ даъват шудааст. Муҳаммад Насков (ҳимоятгар), Сорбон Авғонов, Тоҳирҷон Тағойзода (нимҳимоятгарон) ва Суннатулло Исмоилов (ҳамлагар) давоми як

ҳафта дар ихтиёри тими ҷавонони то 23-сола қарор мегиранд. Далер Ибодуллозода, «Хатлон»

Диққат: Музояда! Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар рӯзи 21 июни соли 2021 музоядаро оид ба фурӯши молу мулки қарздор Зокиров Фаридун Султонович, ки таҳти ҳабс қарор доранд, эълон менамоянд.

Номгӯи амвол

Миқдор (адад)

Соли барориш

Нархи ибтидоӣ (сомонӣ)

1

Автомашинаи боркаши тамғаи “Шанхай”, рақами қайди давлатиаш 8006 СР 02

1

2011

298 280 сомонӣ

2

Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, рақами қайди давлатиаш 0375 АТ 03

1

2012

324 697 сомонӣ

3

Автомашинаи боркаши тамғаи “Шанси”, рақами қайди давлатиаш 9378 ВЕ 01

1

2011

265 103 сомонӣ

№

Қабули дархостҳо барои иштирок ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълони мазкур оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Музояда бо усули англисӣ гузаронида мешавад. Ҷойи баргузории музояда: утоқи кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар. Суроға: кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм), утоқи кории 31. Вақти баргузорӣ: соати 10:00. Кафолатпулӣ ба суратҳисоби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Телефонҳо: (83222) 3-05-82, 905-71-93-33, 981-01-93-33.

эътибор надорад Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №16/682, ки онро соли 2017 муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба Ҷонмаҳмадов Шерафган Мирзоалиевич додааст, эътибор надорад.

Тасҳеҳ

Нусхаи асл

Бинобар сабаби роҳ додан ба хатоҳои техникӣ аз ҷониби чопхонаи “Матбааи Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар, дар саҳифаи чоруми рӯзномаи “Хатлон” (№32, аз 4 июни соли 2021) сарлавҳаҳои баъзе аз маводҳо ғалат чоп гардидаанд. Сарлавҳаҳо мутобиқан чунин хонда шаванд: Ба ҷойи “Шоӣбайтӣои Бедил” -“Шоҳбайтҳои Бедил”; Ба ҷойи “Бозии ӣама наслӣо” -“Бозии ҳама наслҳо”; Ба ҷойи “Доир ба пахта чҷ медонед?” -“Доир ба пахта чӣ медонед?”; Ба ҷойи “Панди зиндагҷ” -“Панди зиндагӣ” ; Ба ҷойи “Маъмултарин ғиӣози гулдӯзишуда” -“Маъмултарин ҷиҳози гулдӯзишуда”; Ба ҷойи “Охирин суханони афроди машӣур” -“Охирин суханони афроди машҳур”; Ба ҷойи “Якчанд навъи маӣсулот аз як бутта” -“Якчанд навъи маҳсулот аз як бутта”.

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/ рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Рӯзнома дар чопхонаи «Матбааи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар ба табъ расидааст. Сифати чопи рӯзнома ба дӯши матбаа аст. Ба чопаш 08.06.2021 иҷозат дода шуд. Адади нашр: 10660 нусха.

Навбатдор: Исматулло ҲАСАНОВ

Нишонии мо: шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов - 12. Телефонҳо - сармуҳаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, шуъбаи эълону реклама: 2-47-14 Индекси обуна: 68896

Тарроҳ: Умед МИРЗОЕВ


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Рӯзномаи Хатлон шумораи №33-08.06.2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu