76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
Рузномаи «Хатлон»
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр №26 (3315), 07.05.2021
Тоҷикистон, ба пеш!
«…Ғалаба озодиву истиқлолро натанҳо ба@ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru халқи Шӯравӣ ҳифз намуд, балки тамоми мардуми Аврупоро аз вабои фашизм наҷот бахшид. Нуҳуми майи соли 1945 дар таърихи мардуми сулҳпарвару озодихоҳи тоҷик ҳамчун натиҷаи корнамоиҳои беназир, ҳам дар ҷабҳаи набард ва ҳам дар ақибгоҳ, арзёбӣ мегардад. Зеро хурду бузурги кишвар ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирӯзӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монандеро нишон доданд… Корнамоиву диловариҳои ҳамватанони мо дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд».
@ruznomai_khatlon рои собиқ
j t . a m o n z u r www.khatlon
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии собиқадорон таҷриба мегирем Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҳамдиёрони азиз! Собиқадорони гиромиқадр! Боиси сарфарозию ифтихормандии ҳар яки мову шумост, ки дар фазои озоду осоишта, сулҳу суботи устувор, таҳти сиёсати хирадмандонаю ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқбол менамоем. Ба ин муносибат сокинони шарафманди вилояти Хатлон ва кулли ҳамватанонамонро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат, хушиҳои рӯзгор ва барори корро орзу менамоям. Солҳо мегузаранд, аммо хотираҳо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ёди иштирокчиён ва тамоми мардуми сулҳхоҳ боқӣ мемонанд. Дар он солҳо баробари халқу миллатҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ наздик ба 300 ҳазор ҷавонмардони тоҷикистонӣ низ зидди душмани аҳриманӣ дар майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки Ватани ягонаро аз фашизм ҳифз намуданд ва барои насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
халқи тоҷик қаҳрамонию корномаи бузурги дар ақибгоҳбудагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат карда, ғалабаро наздик оварданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар ҳарду арса барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад. Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва мактаби ватандӯстии собиқадорони ҷангу меҳнат, ба кор бурдани маслиҳату машварат ва сабақомӯзӣ аз рӯзгори ибратманди онҳо барои наслҳои имрӯзу фардои ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёр, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатдорӣ роҳнамо ва дастури амал ба ҳисоб меравад. Дар замони пойдории истиқлолияти кишвар зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои беҳсозии вазъи иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт мунтазам кумакҳо расонида шуда, баҳри беҳдошти зиндагии ин қишри ҷомеа чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад. Ҳамдиёрони арҷманд! Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ даҳҳо ҳазор ҳамдиёрони мо - родмардони хатлонӣ иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат нишон додаанд. Айни замон дар вилоят ҳамагӣ 29 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд, ки синнашон аз 95 то ба 101 сол расидааст. Эҳтиром доштану қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби корӣ барои раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳру ноҳияҳо ва дастгирии меҳтарони ҷангу меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар арафаи 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба миқдори 2500 сомонӣ мукофотпулии яквақта тақдим карда шуд. Ин қишри ҷомеа, ки бо корнамоиву меҳнати садоқатмандонаи худ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми беандоза гузоштаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла онҳо ҳамешагӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, табобати онҳо дар муассисаҳои тандурустӣ ройгон сурат мегирад. Кумаку ғамхорӣ ба онҳо дар вилоят ба як амали доимӣ ва рафтори ҳамешагиву инсондӯстонаи роҳбарони идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор табдил ёфтааст. Имрӯзҳо мо дар баробари ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, инчунин ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинем, ки истиқболи ин санаи муқаддас моро ба ояндаи дурахшони кишвар роҳнамоӣ менамояд. Шароити имрӯза тақозо менамояд, ки барои ҳимояи марзу буми меҳан, пешгирии амалҳои террористию ифротгароӣ, паст
кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии насли имрӯзу фардои ҷомеа аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии собиқадорони ҷангу меҳнат таҷрибаи ватандӯстию хештаншиносӣ омӯхта, фарзандонро дар рӯҳияи баланди инсондӯстию меҳандӯстӣ тарбия намоем. Мо ифтихормандем, ки имрӯз ҳам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавонони ҷасуру қавирӯҳи вилояти Хатлон сарбаландона хизмати Модар-Ватанро адо мекунанд. Намунаи олии хизмати содиқона ба Ватанро мо дар мисоли сарҳадбонони тоҷик дидем, ки охири моҳи апрел дар қазияи Ворух қаҳрамонона аз марзу буми диёр дифоъ карданд. Тамоми мардуми Тоҷикистон ёди он сарбозону афсарони марзбонеро, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҷон бохтанд, то абад гиромӣ медоранд ва Тоҷикистон бо чунин фарзандони баҳодуру таҳамтани худ ҳамеша ифтихор хоҳад дошт. Итминони комил дорам, ки ҷавонони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар–Ватан бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати наслҳои калонсол минбаъд низ барои ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони мамлакат – Истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд. Бори дигар, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, собиқадорон ва мардуми шарифи вилоятро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ, пешрафту шукуфоӣ таманно дорам. Ҷашни Зафар муборак, ҳамватанони гиромӣ!
Идомаи сафари кории Сарвазири мамлакат ба минтақаи Кӯлоб Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 4 май Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, истифодаи самарабахши замин, вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷараёни сохтмони иншооти таъиноти гуногун бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташриф овард.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Фархор майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз фаъолияти иншооти соҳаи саноат ва корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия дидан кард. Майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тоҷикистони деҳоти Ғайрат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раъногул Маҳмудова бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, иншоот дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Баробари мавриди истифода қарор додани иншоот ва фароҳам сохтани имкони мусоиди ба варзиш машғул гардидани сокинон ҳамзамон 2 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд. Таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба рушди соҳа замина гузошта, дар муддати кӯтоҳ дар шаҳру
ноҳияҳои мамлакат садҳо иншооти варзишӣ бунёд шуда, ба ин васила барои солимӣ ва аз беҳудагардию амалҳои ношоиста дур гардидани сокинон замина гузошт. Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонӣ дар якчанд иншоот, аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и воқеъ дар деҳаи Шаҳртеппаи деҳоти “Ватан” идома дорад. Иншоот дорои 34 синфхона буда, барои ба таълим фаро гирифтани 620 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари Қасри фарҳанги дуошёна дар деҳаи Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти “Фархор” филиали сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, пудратчӣ ҶДММ “Консол” ва лоиҳакаш ташкилоти лоиҳакашии КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ”-и шаҳри Душанбе мебошад. Фабрикаи ресандагии “Адолат” дар деҳоти “Зафар”-и ноҳияи Фархор дар майдони 4 гектар бо иқтидори коркарди 4000 тонна нахи пахта дар як сол бунёд карда шудааст. Тавре ки ба Сарвазир ва раиси вилоят иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, васли конструксияи металлӣ, таҷҳизоти ҳавокашӣ ва ҳавотозакунӣ ва насби шифти коргоҳ пурра ба анҷом расида, дастгоҳу таҷҳизоти лозима низ дастрас карда шудааст. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, сикли ресандагӣ моҳи октябри соли 2015, сикли бофандагӣ моҳи декабри соли 2017, сикли рангуборкунӣ соли 2020 ва сикли дӯзандагӣ моҳи марти соли 2021 бояд ба истифода дода мешуд. Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда бо сабаби пайдо накардани сармоя ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ иншоот ба фаъолият оғоз накард. Вобаста ба ин, Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуд, ки барои пайдо намудани сармояи мустақим ва дигар масъалаҳои зарурӣ ҳарчи зудтар чораҳои таъхирнопазирро амалӣ созанд. Бо мавриди ис-
тифода қарор гирифтани иншоот барои 120 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Фархор дар доираи ҷашнҳои миллӣ сохтмон ва навсозии 470 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 421 иншоот ба истифода дода шуда, дар дигар иншоот корҳо бо суръат ҷараён доранд. Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин бо ҷараёни татбиқ ва навсозии пойгоҳи обкашии рақами як дар мавзеи «Уртабуз» шинос шуд. Таҷдиду барқарорсозии дастгоҳҳои пойгоҳҳои обкашии мавзеи «Уртабуз» дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ”-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Кумак ба иштирокчиёни ҶБВ Бахшида ба Рӯзи Ғалаба бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ дар вилояти Хатлон кумакпулии яквақта ба ҳар як нафар дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Маблағҳои ихтисосшуда аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ба ин родмардони Ватан супорида шуд. Маврид ба зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далерию корнамоӣ ва ҷонбозиҳои фарзандони бо нангу номуси миллати тоҷик дар майдони набард арҷ гузошта, аз оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҳар нафар иштирокчиёни ҷанг 2 ҳазору 500 сомонӣ идона дода шуд. Зимни супоридани кумакҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипоси хешро ба Роҳбари давлат барои ғамхории пайвастаашон расониданд.
Сарвазир ва раиси вилоят ба аёдати волидони сарҳадбонони ҷонбохта рафтанд Расулзода ва млакат Қоҳир ма и ир Муъаз рв Са ода дар ноҳияи Дирӯз, 6 май, Қурбон Ҳакимз адии рҳ он са тл яи Ха зи и қа ят рзбони дар раиси вило ма ни до ли . во нд ти фта минобод ба аёда аҳмадулло Раҷабализода ра М Ворух ҷонбохта
Сарвазир ва раиси вилоят ба падари хонавода ва ақрабои марзбони марҳум таслияти амиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расониданд. Қайд гардид, ки Маҳмадуллои 26-сола, зодаи ноҳияи Муъминобод, ҷавоне буд, ки ҷасорату мардонагӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ дар қалбаш шуъла мезад. Ӯ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интизоми намунавӣ ба ҳайси фармондеҳ адои вазифа мекард. Маҳмадулло дар оилаи деҳқон ва бо нони ҳалол ба камол расида буд. Вале афсӯс, ки 29 апрели соли 2021 дар роҳи дифоъ аз Меҳан ҷони хешро қурбон кард. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баёни таъзия зикр намуданд, ки хонаводаи ин ҷавон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифта, барояшон кумакҳои имконпазир расонида мешаванд. Ҳамин тавр, рӯзи 4 май Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Фархор ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, рафта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъзия баён карданд. - Фарзанди Шумо ҳомии аслии марзу бум ва сарсупурдаи Ватан буд, - қайд кард Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо модари афсар. – Халқу Ватан дар симои
маҳз чунин ҷавонмардони далеру шуҷоъ ҳомиён ва такягоҳи худро мебинанд. Фарзанди Шумо ифтихори Тоҷикистон аст ва мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ қаҳрамонии ӯву ҳамхизматонашро фаромӯш нахоҳад кард. Сарвазири мамлакат ба аҳли ин хонавода барои тарбияи фарзанди диловар изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни арзи таслияту ҳамдардии амиқ ба волидону пайвандони марҳум қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати бунёди манзили зист бо таъмини тамоми шароити муносиб барои фарзандони хурдсоли афсар Сафархӯҷаи Акбарзод иқдом кардааст. Ёдовар мешавем, ки субҳи 1-уми май ҷасади прапоршики қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Сафархӯҷаи Акбарзод (Акбаров Ҳасан Сафаралиевич), соли таваллудаш 1990, зодаи ноҳияи Фархор, ба хок супурда шуд. Марҳум дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар Ҷамоати “Ворух”, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷрӯҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпер ба ҳалокат расид. Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон ба волидони Маҳмадулло ва Сафархӯҷа барои тарбияи чунин фарзандони диловару бебок ва содиқ ба халқу Ватан миннатдорӣ баён намуданд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”
Н. Маъмурзода, “Хатлон”
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj
2
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
Ҷумъа, 07 майи соли 2021, №26 (3315)
«Ватан корнамоӣ ва фидокориҳои фарзандони ҷанговарашро фаромӯш нахоҳад кард». Эмомалӣ Раҳмон
Сафаралӣ Файзалиев. Соли 1923 дар деҳаи Хосами ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, солҳои 1938-1941 дар Кумитаи мададгори мудофиаи ҳарбӣ таҳсил намудааст. Аз соли 1941 ба фронт даъват шуда, хизмати ҳарбиро аз полки 229 “Байрақи Сурх”-дори тирандозии Украина оғоз кардааст. Ӯ дар набардҳои хунини Харков, Воронеж, Курск ва озодкунии шаҳрҳои Киев ва Белосерковкий иштирок намуда, дар ин муҳорибаҳо ду маротиба захм бардошт. Барои шуҷоату далерӣ бо 12 ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудааст. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамчун маъюби дараҷаи дуюм ба зодгоҳаш баргашта, айни замон дар шаҳри Бохтар умр ба сар мебарад.
Зайнулло Алиев. Соли 1925 дар деҳаи Гулуи зиндони ноҳияи Кангурт (имрӯза Темурмалик) таваллуд шудааст. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда, дар ҳайати фронтҳои Ленинград, Беларусия дар муҳорибаҳои озодкунии шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия, Руминия иштирок кардааст. Соли 1945 дар майдони ҷанг маҷрӯҳ шуда, ба Тоҷикистон бармегардад. Солҳои зиёд дар собиқ хоҷагии ба номи Карл Маркси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) фаъолият намудааст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ ва хизматҳои шоёнаш бо ордени “Ҷанги ватанӣ, дараҷаи дуюм”, инчунин бо дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст. Айни замон Зайнулло Алиев дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Бохтар умр ба сар мебарад.
Ҳабиб Сафаров. 25 январи соли 1926 таваллуд шудааст. Соли 1943 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, нахуст дар округи ҳарбии Урал, полки тирандозии 226 хизмати ҳарбиро оғоз намуда, дар озод намудани давлати Руминия иштирок кардааст. Барои мағлуб кардани фашизми гитлерӣ то шаҳри Макденбург ҷангида рафтааст. Барои шуҷоатмандиҳо бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст. Баъди ҷанг дар хоҷагӣ фаъолият намуда, дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳмгузорӣ намудааст. Айни замон дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун зиндагӣ дорад.
Рашид Раҷабов. 10 октябри соли 1924 таваллуд шуда, аз соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Ӯ дар фронти Волхов таҳти сарфармондеҳии генерал Меретский хизмат намуда, дар озодкунии Латвия, Пруссияи Шарқӣ то Кёнигсберг ҷангидааст. Баъди ғалаба 4 соли дигар дар Ҷумҳурии Латвия хизмати ҳарбиро адо намуда, барои корнамоиҳояш бо 1 ордени ҶБВ, 5 медал мукофотонида шудааст. Рашид Раҷабов баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар деҳаи Ҷӯйбори Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун ба кишоварзӣ машғул шуд. Айни замон дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш давлати пирӣ меронад.
Маҳмад Зардолиев. Соли 1943 ба ҳимояи ватан даъват шуда, то соли 1945 дар озод намудани Ҷумҳуриҳои Руминия, Булғория, Венгрия ва ишғол намудани Германия иштирок намудааст. Дар фронти “Шарқи дур” таҳти фармондеҳии маршал Васелевский А., дар торумор намудани қӯшунҳои Японияи Квантунӣ иштирок намудааст. Барои корнамоиҳояш бо 2 ордени ҶБВ, 6 медал мукофотонида шудааст. Иштирокчии паради низомӣ бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва мебошад. Дар солҳои тинҷиву осоиштагӣ дар рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун саҳми худро гузоштааст. Айни ҳол дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти “Панҷ” зиндагӣ дорад.
Давлатхоҷа Саидхоҷаев. 10 ноябри соли 1944 дар ҳайати полки 118 қӯшуни 1-уми Украина ҳамчун нишонзан шомил мегардад. Дар озод намудани Ҷумҳуриҳои Молдавия, Руминия ва муҳорибаҳои шадиди Кептинберг мардонавор ҷангидааст. Минбаъд дар ҷангҳои шаҳри Братиславаи Чехословакия ширкат намуда, баъди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ то соли 1950 дар қисмҳои гуногуни низомӣ хизмат намудааст. Моҳи апрели соли 1950 ба ноҳияи А. Ҷомӣ омада, то соли 1967 ба ҳайси механизатор фаъолият намудааст. Баъдан, бинобар вазъи саломатиаш касбу корашро тағйир дода, 14 соли дигар устои сартарош ва баъдан, коргари корхонаи пахтақабулкунӣ фаъолият кардааст.
«Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки дар ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот бахшиданд, чун корнамоиҳои аҷдоди диловарамон ҷовидон боқӣ мемонад. Насли калонсол барои мову шумо заҳмат кашиданд ва имрӯз ёриву дастгирии мо дар ҳаққи собиқадорону калонсолон, махсусан ветеранҳои ҷангу меҳнат, барои наслҳои оянда сабақи зиндагӣ мебошад. Имрӯз аз ҳазорон иштирокчиёни ҷанг шахсони башумор мондаанд, ки ба ҷо овардани иззату ҳурмати онҳо вазифаи муққадаси мост». Эмомалӣ РаҲмон
Гулмурод Тағоев. Соли 1924 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хизмати ҳарбиро аз Курск оғоз намуда, дар муҳорибаҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Чехословакия иштирок кардааст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ордену медалҳои «Ғалаба бар Германия», «Барои шуҷоат», «Ситораи сурх», «Шараф» қадрдонӣ шудааст. Баъди бозгашт ба зодгоҳаш ба ҳайси назоратчӣ дар самтҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ фаъолият кардааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи А. Ҷомӣ хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуда, ҳамчун пахтакори муваффақ ном баровард.
Малах Гулов. Соли 1920 дар шаҳри Норак таваллуд шуда, аз 22 июни соли 1941 дар қатори 514 нафар ҷавонмардони норакӣ баҳри ҳимояи хоки муқаддаси ватан ба фронт даъват мешавад. Малах Гулов дар муҳорибаҳои шадиди Сталинград ва Курск иштирок намуда, ду маротиба захм бардошта, аз моҳи июни соли 1943 бо сабаби маҷрӯҳӣ ба Тоҷикистон бармегардад. Бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст. То ба нафақа баромадан дар идораи сохтмонии “НоракИБОсоз” ба сифати посбон фаъолият мекунад. Ӯ соҳиби 7 фарзанд ва 23 набераву 17 абера буда, айни замон дар шаҳри Норак давлати пирӣ меронад.
Мирзо Ғафуров. 20 майи соли 1926 дар деҳаи Боғаки Ҷамоати «Косабулоқ»-и ноҳияи Даҳанакиик (имрӯза Хуросон) таваллуд шудааст. Соли 1944 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад. То моҳи июли соли 1950 дар кишварҳои Руминия ва Германия хизмат намуда, пас аз баргаштан ба зодгоҳаш, сараввал котиби Кумитаи иҷроияи ҷамоати «Косабулоқ» таъйин мешавад. Баъдан, дар вазифаҳои котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони собиқ ноҳияи Даҳанакиик, мудири шуъбаи савдои ноҳия, мудири шуъбаи маданияти ноҳия кор кардааст. Бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.
Кукӣ Шункиев. Соли 1924 дар деҳаи Фахрободи Ҷамоати «Қарамандӣ»-и ноҳияи Хуросон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1942 ба фронт даъват шуда, нахуст дар дивизияи 62уми гвардияи фронти Калинин, баъдан, дар фронти 1-уми Украина бар зидди фашизми гитлерӣ ҷангидааст. Соли 1944 дар яке аз муҳорибаҳои хунин ҷароҳати вазнин бардошта, баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар собиқ хоҷагии “Уялӣ”-и ноҳия фаъолият менамояд. Барои хизматҳои ҷангӣ бо ордени “Ҷанги Ватанӣ”, медали “Ғалаба ба Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 19411945” ва боз 8 медали дигар мукофотонида шудааст.
Розиқ Қосимов. 22 январи соли 1926 дар деҳаи Девонасӯи деҳшӯрои Туратоши собиқ ноҳияи Ҳоит ба дунё омадааст. Соли 1945 ба сафи Артиши Шӯравӣ пайваста, дар ҳайати полки эҳтиётӣ дар шаҳри Чкалов хизмат менамояд. Баъди Ғалаба бар Япония, барои азнавбарқароркунии харобаҳои ҷанг хизмати ҳарбиро давом дода, моҳи августи соли 1948 ба Тоҷикистон бармегардад. Баъди ҷанг ба ноҳияи Вахш кӯчида, дар собиқ хоҷагии “Правда” фаъолият намудааст. Розиқ Қосимов соҳиби 4 духтару 3 писар буда, имрӯз дар иҳотаи пайвандонаш хушбахтона зиндагӣ дорад.
Мамад Тошматов. Соли 1926 таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1944 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Баъди гузаштан аз курсҳои кӯтоҳмуддат ҳамчун тирандоз дар ҳайати ҷанговарони полки 211-уми тирандозии эҳтиётӣ тариқи қатора ба ҷабҳа фиристода мешавад. Муждаи Ғалабаро дар қатора мешунавад. Мамад Тошматов то соли 1950 дар ҳайати полки 48-уми танкӣ ва базаи 490-уми ҳарбӣ барои барқарор намудани харобаҳои ҷанг хизмати ҳарбиро идома дод. Аз соли 1950 дар собиқ хоҷагии «Коммунизм»-и ноҳияи Қубодиён хушбахтона зиндагӣ мекунад.
Кенҷа Шоматов. 15 майи соли 1921 дар ноҳияи Шаҳритус дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. То оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба кишоварзӣ машғул буд. Кенҷа Шоматов 13-уми декабри соли 1943 ба сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудааст. Ӯ пас аз гузаштани машқҳои ҳарбӣ дар шаҳри Москва дар қисмҳои захиравӣ хизматро давом медиҳад.
Ясо Исоев. Соли 1925 дар деҳаи Қалъаи Ҳусейни ноҳияи Тавилдара (ҳозира Сангвор) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Моҳи сентябри соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад. Ӯ дар ҳайати фронти 2-уми Украина дар озодкунии шаҳри Киев иштирок кардааст. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи К. Сайфуддинови ноҳияи Панҷ ҳаёт ба сар мебарад.
Абдулло Шехов. 9 майи соли 1924 дар деҳаи Найгуфи ноҳияи Тавилдара (ҳозира Сангвор) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1939 то соли 1947 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Ҳоло дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ умр ба сар мебарад. Соҳиби 6 фарзанд аст.
Хӯҷа Дарвешов. Соли 1925 дар деҳаи Бешбулоқ таваллуд шуда, аз 5-уми январи соли 1943 ба фронт сафарбар шудааст. Аз моҳи январи соли 1943 то сентябри соли 1944 дар ҳайати полки тирандозии №965 ҷангидааст. Баъди маҷрӯҳ гардиданаш ба ақибгоҳ фиристода мешавад. Феълан дар ноҳияи Ёвон умр ба сар мебарад.
Ҳомид Бобоев. Соли 1920 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1941 ба фронт рафта, дар мубориза бар зидди фашистон дар кишварҳои Украина ва Беларусия иштирок кардааст. Ҳомид Бобоев маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм буда, барои шуҷоату матонат бо 5 ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудааст. Дар ноҳияи Қубодиён зиндагӣ дорад.
Машраб Давлатов соли 1926 таввалуд шудааст. Дар синни 17-солагӣ ба сафи Қӯшунҳои мусаллаҳ шомил шуда, дар набардҳои хунини Брянск ва озод намудани шаҳри Орёл аз фашистони гитлерӣ иштирок намудааст. Ӯ айни замон дар Ҷамоати деҳоти “Калинин”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ умр ба сар мебарад.
Ҷумъа, 07 майи соли 2021, №26 (3315)
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
3
Рӯзи Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯзи падарону бародарони калонсоли мо дар майдонҳои мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта сабт шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни фаромӯшнашаванда Имсол ба Ғалабаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ (солҳои 1941-1945) 76 сол пур мешавад. Бо ин мақсад сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи дунё, солгарди санаи таърихиро ҷашн мегиранд.
Хидиров Хумбахмад. 10 январи соли 1924 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. 5 августи соли 1942 ба ҷанг рафта, дар қисми ҳарбии № 68222, дивизияи 550, фронти Беларусия ҷангидааст. Барои корнамоиҳои ҷангиаш бо ордену медалҳои зиёди ҷангӣ сарфароз гардидааст. Солҳои баъдиҷангӣ дар ноҳияи Фархор, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнат намуда, сазовори обрӯю эҳтироми зиёд гардидааст.
Қаюмшо Ҳалимов. Соли 1924 дар деҳаи Шингиндараи ноҳияи Сарихосор (ҳозира Балҷувон) таваллуд шудааст. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад. Дар чандин муҳорибаҳои шадид ширкат варзида, ҷасурӣ нишон дод. Далерию шуҷоати Қаюмшо Ҳалимов бо орденҳои «Шараф» дараҷаи 2 ва 3, ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медалҳо барои «Озодкунии Варшава» ва дигар медалҳои ҷангӣ ва раҳматномаҳо қадр карда шудааст. Баъд аз ғалаба ба зодгоҳаш баргашта, дар ободонии он саҳм гузоштааст.
Давлатшо Туронов. Соли 1925 дар қишлоқи Зувайрии ноҳияи Сарихосор (ҳозира Балҷувон) таваллуд шудааст. Моҳи ноябри соли 1943 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегардад. Хизматро дар қисми ҳарбие, ки ба Фронти Воронеж (фронти 1-уми Украина) шомил буд, дар самти Белград, Харков дар муҳорибаҳо меҷангид. Давлатшо дар муҳорибаи назди шаҳри Киев ширкат варзида, корнамоӣ нишон медиҳад. Дар ин задухӯрд вай сахт маҷрӯҳ мешавад. Маъюби гурӯҳи дуюм Д. Туронов дар ноҳияи М.С.А Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунад. Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои ҷавонони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи ВатанМодар ба ҳисоб меравад. Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашн афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд, садҳо кӯчаву муассисаҳо ба номи абармардони ҷанг номгузорӣ шудаанд. Аз муҳорибаҳои ҷангии солҳои 1941-1945 наздик ба 100 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ, аз вилояти Хатлон наздик ба 40 ҳазор нафар барнагашта, дар майдони ҷанг мардонавор ҳалок, аз захми тири душман ҷон супориданд ё беному нишон гардиданд. Барои мардонагӣ ва ҷасорат дар мубориза бар зидди
Раҳим Мирзоев. 19 феврали соли 1926 дар деҳаи Вахинаки ноҳияи Сарихосор (ҳозира Балҷувон) ба дунё омадааст. Соли 1942 ба ҳимояи Ватан меравад. То соли 1951 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуд. Соли 1955 ба ноҳияи Фархор омада, дар корхонаи равғанбарории ин ҷо ба сифати механик ба кор даромад. Ӯ дар паради иди 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москва иштирок намудааст.
Баротов Қутбиддин. Соли таваллудаш 1923. Соли 1942 ба фронт рафта, то моҳи майи соли 1945 ҷангидааст. Баъди ҷанг дар ноҳияи Фархор ба кори деҳқонӣ машғул буд. Барои корнамоиҳои ҷангиаш бо ордену медалҳои зиёди ҷангӣ мушарраф гардидааст.
Гул Шарипов. 15-уми июни соли 1923 дар ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик) ба дунё омадааст. Баҳори соли 1942 ба фронт даъват мешавад. Дар муҳорибаҳои ҷангии Курск ва озодкунии Ҷумҳурии Полша иштирок менамояд. Соли 1947 ба ноҳияи Данғара бармегардад. Вай 9 фарзанд ва набераву абераҳои зиёд дорад.
Қурбонов Ҳикмат. Соли таваллудаш 1926. Моҳи ноябри соли 1944 ба фронт рафта, то марти соли 1945 ҷангидааст. Бо медали «Барои Ғалаба» мукофотонида шудааст. Баъди ҷанг дар ноҳияи Фархор умри худро сарфи пешаи деҳқонӣ намуда, бо меҳнати созандаи худ соҳибобрӯ гардидааст.
Яҳё Мирзоев. Соли 1925 таваллуд шуда, соли 1942 ба хизмати ватан рафт. Пас аз машқу тамринҳои баъдидаъватӣ дар ҳайати фронти 2-юми Украина зери роҳбарии фармондеҳ Рокоссовский ҷангида, соли 1944 ба ватан баргаштааст. Дар назди мардуми Ховалинг чун дигар фарзандони шуҷои он обрӯю эътибори зиёд дорад. Алҳол дар ноҳияи Ховалинг давлати пирӣ ронда, аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ шукргузор аст.
Эгам Раҳмонов. 1 январи соли 1924 дар деҳаи Момираки Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Дар бисёр ҷабҳаҳои ҷангӣ бар зидди фашизм мардонавор ҷангидааст. Баъди ҷанг ба зодгоҳаш баргаштааст. Бо бисёр ордену медалҳо, аз он ҷумла бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» -дараҷаи 1 сарфароз гардонида шудааст.
Бобоев Сафар. Соли таваллудаш 1925. Соли 1942 бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуда, аз соли 1942 то марти соли 1945 дар полки эҳтиётии 1195-и тирандозӣ ҷангидааст. Бо далерию шуҷоат ва матонати худ тавонист корномаҳои зиёде нишон дода, сазовори ордену медалҳои ҷангӣ гардад. Баъди ба ноҳияи Фархор баргаштан ба меҳнати осоишта машғул гардида, дар пешравии соҳаи хоҷагии халқ саҳми муносиб гузоштааст.
Салом Рабиев. Соли 1944 ба сафи артиши Шӯравӣ даъват шудааст. Давоми 40 рӯз дар Урал машқ намуда, дар озод намудани ҷумҳуриҳои Молдавия ва Руминия аз фашистони истилогар саҳм дорад. Бо ордену медалҳои зиёди ҷангӣ мукофотонида шудааст. Собиқадори ҷангу меҳнат С. Рабиев имрӯзҳо дар ноҳияи Ховалинг бо шукргузорӣ аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат давлати пирӣ меронад.
Ҳамеша бардаму саломат бошед, падарони шуҳратманд!
фашизм дар майдони ҷанг беш аз 55 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Ба 54 нафари онҳо унвони олӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, аз вилояти Хатлон ба 22 нафар дода шуда, 4 нафар ҷанговарони Тоҷикистон бо орденҳои «Шараф» ҳар се дараҷа, мукофотонида шуданд. Дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ одамони касбу кори гуногун бо вуҷуди душвориҳои зиёд ба хотири таъмини артиш бо хӯрок, либос ва маводи дигар заҳматҳои шабонарӯзӣ кашиданд. Ҳазорон нафари онҳо бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд. Айни ҳол дар вилоят 29 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд, ҳамаи онҳо таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Ҳифзи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои табобатӣ қарор доранд. Солҳои охир масъалаи дастрасии собиқадорони ҷангу меҳнат ба роҳхатҳои имтиёзнок ҳалли худро меёбад. Танҳо дар соли 2020 дар осоишгоҳҳо 86 нафар собиқадори ҷангу меҳнат саломатии худро барқарор намуда, табобат гирифтанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чораҳои амалӣ андешида, ҳамаи имконият, воситаҳои мусоидро сафарбар намуда, баҳри беҳдошти саломатии ишштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, абадӣ гардонидани хотираи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг равона менамоянд ва барои амалӣ гардидани барномаи ҷашнӣ чораҳои мушаххас андешида истодаанд. Саидқул Шомалангзода, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати минтақаи Бохтар
Ғалабаи оламшумул
Бо гузашти солҳо ҳодисаю воқеаҳои мудҳиши замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мо торафт дур мегардад, вале хотираҳо, мушкилоту душвориҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Дар ин ҷанг аз Тоҷикистони мо 243957 нафар мардони далер иштирок намуданд. Аз ин шумора 58 ҳазор нафар сарбозони тоҷик ба ордену медалҳои ҷангӣ мушарраф гардида, 54 нафар бо унвони баланди Иттиҳоди Шӯравӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гардиданд. Танҳо аз Тоҷикистони мо дар ин ҷанг 90 579 нафар шаҳид гардид. Пирӯзӣ дар ин муҳорибаҳои хунин бар ивази ҷонбозию ҷоннисориҳои фарзандони ғаюру далери Ватан ба даст омад. Инак, тайи 76 сол аст, ки мо ин ғалабаро ботантана ҷашн мегирем, диловариву корнамоиҳои сарбозони шуҷои ватанро бо некӣ ёд мекунем,
нисбаташон изҳори сипосу шукргузорӣ менамоем, ки ватани моро аз хорию залолат, бандагию асорат ҳифз намуданд. Ба сафҳаи таъриху гузашти рӯзгор чун менигарем, аз шумораи он нафароне, ки аз ҷанг баргаштанд, торафт нафарони кам дар ҳаёт мондаанд. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон имрӯз аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 11 нафар дар қайди ҳаётанд. Ҳамаи онҳо мунтазам зери назорат буда, аз тарафи давлату Ҳукумати ҷумҳуриамон махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғамхории хоса фаро гиранд. Баробари ин, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии он сари чанд вақт ёрии амалӣ расонда мешавад.
Мо-собиқадорони ҷангу меҳнат аз ин дастгирӣ ва ёрию ғамхории давлату Ҳукумат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор буда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ тарбия намоем. Исмоил ИБРОҲИМОВ. раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб
Аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ба аёдати иштирокчии ҶБВ рафтанд
Дар арафаи 76-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба аёдати иштирокчии ҶБВ, собиқадорони матбуот ва ниёзмандон рафта, ба онҳо кумакҳои молию пулӣ расониданд. Аз ҷумла, зимни аёдати иштирокчии ҶБВ Розиқ Қосимови 95-сола дар бораи ҳимояи ватан, нақши абармардони тоҷик дар маҳви душман, ҳисси ватандӯстӣ, арзишҳои миллию давлатдорӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат суҳбат карданд. Бобои Розиқ Қосимов аз рӯзҳои мудҳиши ҳуҷуми фашистон ба ватан ва муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик баҳри ҳимояи Ватан-модар бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ қисса кард. Дар рафти суҳбат Н. Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, афзуд, ки тамоми ғамхорӣ ва дастгириҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон доиман ба қадру манзалати фарзандони барӯманди давлату миллат,
нафароне, ки дар ҳимояи ватан ҷони худро дареғ надоштаанд, мерасад ва як қатор имтиёзҳоро баҳрашон фароҳам овардааст. Ёдовар бояд гардид, ки Розиқ Қосимов 22 январи соли 1926 дар деҳаи Девонасӯи деҳшӯрои Туратоши собиқ ноҳияи Ҳоит ба дунё омадааст. Мавсуф соли 1945 ба сафи Артиши Шӯравӣ пайваста, дар ҳайати полки эҳтиётӣ дар шаҳри Чкалов хизмат менамояд. Баъди ғалаба бар Япония, барои азнавбарқароркунии харобаҳои ҷанг хизмати ҳарбиро давом дода, моҳи августи соли 1948 ба Тоҷикистон бармегардад. Розиқ Қосимов аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки доиман ғамхории Пешвои миллатро эҳсос мекунад. Дар охири суҳбат изҳор дошт, ки ба наберааш барои хизмати сарбаландонаи аскарӣ фотеҳа дод. Вай инчунин дар ҳаққи ҷавонписароне, ки баҳри ҳимояи ватан дар марз ҷони худро қурбон намудаанд, дуои нек кард. Ин пири нуронӣ инчунин, ба ҷавононе, ки имрӯз барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол сина сипар намудаанд, ҷасорату тавонмандӣ ва саломатии доимиро таманно кард. Далер ИБОДУЛЛОЗОДА, С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
P.S. Навори видеоии мусоҳибаро дар сомонаи мо: www.khatlon-ruznoma.tj ё бо пахши QR-коди мазкур дар телефонатон метавонед тамошо кунед.
4
ХАТЛОН Соли 90-уми нашр
Рузномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon
Ҷанг 1418 ш давом кааброднарӯз
Ҷанги Бузурги соли 1941 оғоз ёф Ватанӣ 22 июни т. Ин набард 3 со лу 10 моҳу 18 рӯз ё 1418 шабоно рӯ идома дошт. Да розтарин муҳори з баи Ҷанги Бузурги Ва танӣ - набард ба рои Ленинград – 1126 рӯз давом кард. Аз он 871 рӯзаш ба рои раҳоии шаҳр аз муҳосира сарф га рдид.
Иштироки б еш аз 7 миллион на фар дар муҳориба б арои Москв а Чунин шум ораи рекордии одамон дар наба рди шадид ба рои раҳосозии Мос ква (30 сентяб ри соли 1941 - 20 апрели соли 19 42) ширкат варзидан д. Барои муқоис а: дар амалиёти Бе рлин, ки ҳамчун калонтарин набард и ҶБВ дар Кито би рекордҳои Гинн ес сабт шудааст , 4 миллион нафар иштирок кардаа нд.
Аризаи 200 зан дар рӯзи яку и тоҷик ми ҷанг Дар рӯ
зҳои авва мардон, балки са ли ҷанг на танҳо дҳо нафар зано ну духтарони тоҷи к ҳам дар бора и ба фронт фиристо нд хоҳиш мекардан анашон изҳори д. Масалан, аз 700 адад аризаи да р дар Комиссариа рӯзи якуми ҷанг ти ҳарбии ноҳи яи Октябри (ҳоло Исмоили Сомо нӣ) шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда 200 адади он аз номи зано ну духтарон буд.
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
4,5 триллион доллар – хисороти ҶБВ
н ба Мактуби тоҷико а кв сокинони Мосли 1941
ки со Дар лаҳзаҳое, фаи хеле назсо ма р да фашистон ҳоди Шӯравӣ ти Ит дик ба пойтахти ба , тоҷикистониҳо и қарор доштанд ктуб ма а кв ос М сокинони шаҳри да буданд. Дар то ҳамраъйӣ фирис ли 19 октябри со и на са и уб кт ма со ба од об Сталин 1941 аз шаҳри а, ки уд ш да то ис ир ф и кинони Москва ми меҳнаткашон фикру зикри тамо а менамуд, чуод Тоҷикистонро иф осквагиҳои азиз! «М нин омадааст: пуртаҳлукаи му ои зҳ рӯ ин р Да бо ӣ ав нш бо гире боризаи даст ба умо истӣ, мо бо ш аш ф и он ан ҳз ро ҳастем. о мекунем, ки Мо тамоми корр ни о ба қабристо замини Москвар диҳем. ил бд та ӣ ҳш фашистони ва атман торумор ш Душман бояд ҳа вад!».
Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносон, барҳақ, вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум донистаанд. Дар он беш аз 70 давлати хурду бузург иштирок карда, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд. Ва талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медод. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳр ва наздик ба 70 ҳазор деҳа пурра харобу валангор гардиданд.
и Қаҳрамонҳои Иттифоқ Шӯравӣ аз Тоҷикистон
Мо имрӯз ҳақ дорем бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон низ беш аз 260 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд. Мутаассифона, 90 ҳазор нафари онҳо аз майдонҳои набард барнагаштанд ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ қариб 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ,15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.
машина Ба фронт 8874 авто фиристода шуд норасоию вуҷуди Бо умотҳои ъл ма и бқ эҳтиёҷмандӣ, ти ҳфузбуда, ҳанӯз ма дар бойгониҳо ии аввали саршав и ҳо та ф дар ҳа ми да ёр Ватанӣ ба Ҷанги Бузурги ад машина, 115 ад то ав 74 88 фронт со ба лқ ха хоҷагии тракторҳо, ки ба 326 асп, 1791 19 зарур буданд, хгар намудҳои те адад ароба ва ди он ст ки ҷи То аз да никаи мавҷудбу нд. Дар бароаа фиристода шуд шунҳо, қисмҳои қӯ р сё би , ин р бари махсуси ҷангӣ да ҳарбӣ, гурӯҳҳои шта он ст ки ҷи То ии марказҳои ҳарб ъим гирифта, ба кил шудаву таъл рбу ҳа и ҳо он йд ма дан ба фронт, ба да мешуданд. исто зарби ҷанг фир
Дар миёни дорандаҳои медали мазкур маршалҳои Иттифоқи Шӯравӣ Георгий Жуков ва Иван Конев мебошанд. Қисмати зиёди ин мукофотро соҳибонашон дар се соли аввали пас аз хатми ҷанг ба даст оварданд. Қобили зикр аст, ки то соли 1951 медал ва шаҳодатномаи он пас аз марги соҳибаш ба давлат бозпас гардонида мешуд. Баъдан, ба пайвандони марҳум иҷоза доданд, ки медали мазкурро барои хотира нигоҳ доранд.
57 600 АСИРИ НИЗОМИИ НЕМИС АЗ КӮЧАҲОИ МОСКВА ГУЗАШТАНД 17 июли соли 1944 беш аз 57 ҳазор сарбоз ва афсари олмонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Москва “роҳпаймоӣ” карданд. Марши асирон “Паради мағлубшудаҳо” унвон гирифт. Дар пешгоҳи колонна беш аз 20 генерали вермахт, пас аз онҳо полковникҳо ва афсарони дорои рутбаҳои поинтар, баъд унтер-афсарон ва аз қафои онҳо сарбозони қаторӣ гузашта буданд.
РӮЗИ ҒАЛАБАРО 17 СОЛ ҚАЙД НАМЕКАРДАНД Бори аввал Рӯзи Ғалабаро 9 майи соли 1945 бо шаҳомат таҷлил намуданд. Паради ҳарбӣ дар Майдони сурхи Москва 24 июни соли 1945 доир шуда буд. То соли 1947-ум 9 май рӯзи ғайрикорӣ буд ва бо барномаҳои ҳунарию мушакпарониҳо таҷлил мешуд. Аммо баъдан ҷашнгирии бошукӯҳро дар Рӯзи Ғалаба манъ карданд ва 17 сол 9 май рӯзи муқаррарии корӣ буд. Нахустин бор, пас аз чунин танаффус, 9 май ба таври оммавӣ соли 1965 ҷашн гирифта шуд.
10 СОЛИ “ҶАНГ” ПАС АЗ ҒАЛАБА Давоми даҳ сол пас аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иттифоқи Шӯравӣ расман дар ҳолати ҷангӣ бо Германия қарор дошт. Гап сари он аст, ки пас аз эълони капитулятсияи фармондеҳии Германия, ИҶШС аҳдномаи сулҳро имзо накард ва ҳамин тавр, дар ҳолати ҷангӣ қарор дошт. Танҳо 25 январи соли 1955 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС қарор “Дар бораи хатми ҳолати ҷангӣ миёни Иттифоқи Шӯравӣ ва Германия”-ро ба тасвиб расонид.
Ровии машҳур Юрий Левитан яке аз рамзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсуб меёбад. Овози марғуладори ӯ барои мардуми шӯравӣ рӯҳиясозу нерубахш буд, ки аз ин роҳбарияти Германия қатъиян нороҳат буд. Ба он ҳад хашмгин буд, ки барои сари Левитан 250 ҳазор марка мукофотпулӣ эълон карда буданд. Мақомоти шӯравӣ Левитанро ҳифозат мекарданд ва дар бораи симои зоҳирии ӯ қасдан маълумоти носаҳеҳро тариқи ВАО паҳн менамуданд.
р 26,6 миллион нафар да ҷанг ҳалок шуданд
Пас аз анҷоми ҷанг Иосиф Сталин омори “расмӣ”-и дар амалиётҳои ҷангӣ ҳалокшудагонро 7 миллион нафар эълон кард. Ҳисобу китоби воқеии аҳолии кушташуда танҳо дар охири солҳои 80-уми асри гузашта оғоз гардид ва ҳанӯз ҳам ин рақам дақиқ ва ниҳоӣ нест. Тибқи маълумоти охирини Вазорати мудофиаи Россия, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ талафоти ҷонии ИҶШС наздик ба 26,6 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб қариб 12 миллион нафарашон хизматчиёни ҳарбӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол, дар сарчашмаҳои ғайрирасмӣ теъдоди одамони солҳои ҷанг ҳалокгардида 43 миллион нафар нишон дода шудааст.
Аз пойтахти Тоҷикистон то маҳ аллаҳои дурдасти кӯҳсори ҷум интиқомгирӣ фаро гирифта буд ҳурӣ ҳамаро рӯҳияи . Шабу рӯз дар ҷамоатҳо, деҳ аҳои калон, марказҳои ноҳияҳо, дар Комиссариатҳои ҳарбӣ маъракаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда буданд. Ва қариб ҳар ҳафта баталёнҳои даъватшудагони ихтиёрӣ ба пой тахти ҷумҳурӣ-шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) фиристода мешуданд. Аз он ҷо бошад, онҳо ба фронт мерафтанд. То моҳи январи соли 1943 аз ком иссариатҳои ҳарбии Сталинобо 343 нафар, Ленинобод 2400 наф д 3722 нафар, Кӯлоб ар, Ғарм 75 нафар, ҷамъ дар миқёси ҷумҳурӣ 7215 нафар ихтиёриён ба ҷанг сафарб ар карда шуда буданд. Дар ин шум ора намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Тоҷикистон шомил буданд.
Чайнворди «9 май» 1.Тоҷикписар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ. 2.Собиқадор. 3. Намуди тапонча. 4.Шаҳри энергетикҳои тоҷик. 5. Рутбаи ҳарбӣ. 6. Маҷмааи калон дар Душанбе барои гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷумҳуриявӣ. 7. Номи моҳи солшумории ҳиҷрии шамсӣ. 8. Давлати хурд дар Аврупо. 9. Рутбаи олии ҳарбӣ. 10. Лашкаркаш-қаҳрамони халқи тоҷик. 11. Шаҳр дар Япония, ки соли 1945 Амрико дар болои он бомбаи атомӣ партофта буд. 12. Командаи футболбозони Лигаи олӣ дар Тоҷикистон. 13. Номи шоири тоҷик. 14. Истироҳатгоҳ дар ноҳияи Ҳисор. 15. Боғ-майдон дар Душанбе барои гузаронидани паради ҳарбӣ. 16. Ҷамъи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон. 17. Дарё дар Турсунзода. 18. Аввалин генерали тоҷик. 19. Нақлиёти дучарха. 20. Корхона барои таъмири локомотивҳо. 21. Лётчикзани тоҷик, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. 22. Намуди зарф. 23.Мактуб. Тартибдиҳанда Нуралишо Сулаймоншоев
Латифаҳо
Туҳфаи Сталин Сарфармондеҳи Олӣ рафиқ Сталин се нафар афсарро наздаш хонд. -Шумо дар майдони ҷанг далерию шуҷоат нишон додед. Акнун хоҳишатонро гӯед, ки шуморо чӣ гуна қадрдонӣ кунам? Афсари якум: -Ман хона надорам, як хона диҳед. Афсари дуюм: -Ба ман мошини сабукрав лозим аст. Сталин: -Иванов, ба ту чӣ лозим аст? Иванов: -Китобҳои хотираҳоятон... Сталин баъди чанд рӯз ба Иванов китобҳояшро дод, ҳам хонаву мошин...
Фармон набаровардаам! Черчил дар конференсияи Теҳрон барои асабонӣ кардани Сталин мегӯяд: -Шаб хоб дидам, ки маро президенти рӯйи замин таъйин кардаанд! Рузвелт низ луқма мепартояд: -Ман бошам, дар хоб дидам, ки маро президенти тамоми сайёра таъйин кардаанд! Сталин оромона аз трубкаи сигори худ як дуд гирифта, мегӯяд: -Ман хоб дидаам, ки ягон касро барои ба ин вазифаҳо таъйин кардан ҳанӯз фармон набаровардаам!
« ХАТЛОН »
БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОН НАФАР МЕДАЛИ “БАРОИ ИШҒОЛИ БЕРЛИН” ГИРИФТАНД
250 ҲАЗОР МАРКАИ ОЛМОНӢ БАРОИ САРИ ЛЕВИТАН
Ихтиёриёни тоҷик ба фронт сафарбар шуданд
МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Дар рӯзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешӣ матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рӯзнома метавонад бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро бар дӯш нагирад. Матолиби муаллифони беруна дар шакли электронӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 қабул карда мешавад. Ба саҳеҳии далелу арқоми эълону матлабҳои дорои хусусияти тарғиботию рекламавӣ идораи рӯзнома ҷавобгӯ нест. Дастнавису суратҳо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд.
Сармуҳаррир Носирҷон МАЪМУРЗОДА
web: www.khatlon-ruznoma.tj / e-mail: khatlon.tj@mail.ru
Соли 90-уми нашр
Ҷумъа, 07 майи соли 2021, №26 (3315)
МАҲВИ 22 ТАНК ДАР 30 ДАҚИҚА Рекорди беназири Ҷанги Бузурги Ватаниро экипажи лейтенанти калон Зиновий Колобанов аз дивизияи якуми танкӣ бо танки «КВ»-аш гузоштааст. Ротаи лейтенанти калон Колобанов, ки аз 5 танк иборат буд, бояд се роҳи воридшавӣ ба Ленинградро аз самти Луга, Волосово ва Кингисепп мебаст. Пас аз 30 дақиқаи оғози набард немисҳо 43 танки худро аз даст доданд, ки 22 адади онро шахсан танкистҳои танки Колобанов маҳв намуданд. Ин қаҳрамонии Колобанов ҳамчун пурмаҳсултарин муҳорибаи танкӣ дар тамоми таърихи ҷангҳо дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт карда шудааст.
80 ҲАЗОР ЗАНИ АФСАР Нақши бонувон дар майдони набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр бузург буд. Тайи солҳои ҷанг дар фронт аз 600 ҳазор то 1 миллион зан силоҳ ба даст меҷангиданд, ки аз миёни онҳо 80 ҳазор нафарашон афсарони соҳибрутба буданд. Аз ҳисоби занони ихтиёрӣ полкҳои авиатсионӣ, бригадаҳои тирандозӣ ва иктишофӣ, ротаи занонаи баҳрнавардон ташкил карда буданд. Дар солҳои ҷанг 87 нафар бонувони шуҷоъ бо мукофоти олии “Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ” сарфароз гардонида шудаанд.
5 КӮДАКИ ҚАҲРАМОН Кӯдакон низ барои дифоъ аз марзу буми Ватан бархоста буданд. Барои хизмати содиқонаи ҳарбӣ даҳҳо нафар кӯдакони бебок бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Дар миёни онҳо 5 ноболиғ бо мукофоти олии “Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ” сарфароз гардонида шудааст: Лёня Голиков ва Саша Чекалини 14-сола, Марат Казей, Валя Котик ва Зина Портноваи 15-сола. Азбаски кӯдакон асосан партизан-разведчик буданд, тақдири онҳо фоҷианок буд: аксари иштирокчиёни навраси ҷанг дар майдони набард ба ҳалокат расиданд ё аз ҷониби душманон кушта шуданд. Унвони “Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ” ба онҳо пас аз марг дода шудааст.
ХИЗМАТИ 60 ҲАЗОР САГ ДАР АРТИШ Ҳайвонот ҳам дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши муҳимро бозидаанд. Дар даврони ҷанг дар ҷабҳаҳои мухталиф беш аз 60 ҳазор сар саг дар амалиёти ҷангӣ истифода шудааст. Ин сагҳо эшелони душманро рахна карда, беш аз 300 бронетехникаи рақибро таркондаанд ва зиёда аз 200 маълумоти махфии махсусан муҳимро дастрас намудаанд. Сагҳои минаҷӯ барои безараргардонии 300 маҳалли аҳолинишин аз минаҳо ёрӣ расонидаанд. Ба ҷуз ин, сагҳо барои саривақт ба бемористон расонидани сарбозони маҷрӯҳ кумак мекарданд. Саги вафодоре бо номи Ҷулбарс ягона ҷондоре буд, ки бо мукофоти давлатии медали “Барои хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст (тайи хизмати ҳарбӣ ин саг 7468 адад мина ва беш аз 150 снарядро пайдо кардааст). Ҷулбарси маҷрӯҳшуда ҳатто дар Паради Ғалаба, ки 24 июни соли 1945 дар Москва доир гардид, ширкат варзида буд.
350 ШУТУРИ ҲАРБӢ Артиши эҳтиётии 28-ум, ки дар Астрахан, дар айни муҳорибаи Сталинград таъсис ёфта буд, бо истифода аз шутурҳо меҷангид. Ин шутурҳо пушка ва маводи озуқаро ба маҳалли даркорӣ интиқол медоданд. Сарбозони Шӯравӣ бинобар норасоии техникаи автомобилӣ ва аспҳо маҷбур буданд, ки шутурҳоро дар майдони ҷанг истифода баранд. Машҳуртарин шутурҳо Мишка ва Машка ҳамроҳ бо сарбозони Шӯравӣ то худи Берлин рафта, пас аз Ғалаба дар ҶБВ он ҷо дар боғи ҳайвонот нигоҳдорӣ мешуданд.
4 ВАГОН ГУРБАИ ЯРОСЛАВӢ ДАР ЛЕНИНГРАД Гурбаҳо дар замони ҷанг дар хандақҳо зиста, бо мушу калламушҳо мубориза мебурданд. Аммо нақши намоёни онҳо дар таърихи муҳосираи Ленинград сабт шудааст. Соли 1943, пас аз раҳоӣ аз муҳосира, ба шаҳри Ленинград дар баробари як миқдор маводи озуқа ва дигар лавозимот, аз Ярославл 4 вагон гурбаи рахдор оварданд. Пас аз солҳои гуруснагӣ ба Ленинград сели калламушҳо ҳуҷум карда буд, ки одамон наметавонистанд ин мушкилиро ҳал кунанд. Аммо гурбаҳо ин проблемаро ҳал карданд. Соли 1945 ба Ленинград боз 5 ҳазор гурба оварданд, ин дафъа аз Сибир. Дар СанктПетербург (собиқ Ленинград) ба шарафи гурбаҳо якчанд пайкара гузоштаанд. Соли 2008 дар шаҳри Тюмен ба гиромидошти гурбаҳое, ки Ленингради муҳосирашударо аз калламушҳо наҷот додаанд, “Хиёбони гурбаҳои Сибир” ифтитоҳ гардид.
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/ рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
Рӯзнома дар чопхонаи «Мега-Принт»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст. Сифати чопи рӯзнома ба дӯши матбаа аст. Ба чопаш 06.05.2021 иҷозат дода шуд. Адади нашр: 10720 нусха.
Навбатдор: Комрони БАХТИЁР
Нишонии мо: шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов - 12. Телефонҳо - сармуҳаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, шуъбаи эълону реклама: 2-47-14 Индекси обуна: 68896
Тарроҳ: Умед МИРЗОЕВ