ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Соли 90-уми нашр
№16 (3305)
ПАНЉШАНБЕ, 1 апрели соли 2021
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Баъди ба даст овардани соњибистиќлолї сиёсати давлат дар соњаи саноат комилан таѓйир ёфта, таваљљуњи асосї ба таќвияти истењсолот ва содироти мањсулоти тайёр бо роњи ворид намудани технологияњои нав, истифодаи њарчи бештари манбаъњои ашёи хоми мањаллї, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захирањои мењнатї равона карда шуд. Бо маќсади тадриљан зиёд кардани њаљми истењсоли мањсулоти саноатии раќобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро њадафи чоруми миллї эълон намудем. (Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 январи соли 2021)
АМАЛИСОЗИИ ЊАДАФИ ЧОРУМИ КИШВАР ИЌТИСОДИЁТРО РУШД МЕДИЊАД ГУЗОРИШ АЗ ИЉЛОСИЯИ ПАНЉУМИ МАЉЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛЌИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Иљлосияи панљуми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид. Иљлосияро раиси Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќурбон Њакимзода оѓоз бахшида, њозиринро бо рўзномаи иљлосия ошно намуд. Дар иљлосия масъалањои зерин, пас аз тасдиќи вакилон, мавриди баррасї ќарор гирифт: 1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба љойи вакилони хориљшуда дар њавзањои интихоботии Абдурањмони Љомї №64, Норак №10 ва
Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи Иљлосия ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакилони Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба љойи вакилони хориљшуда дар њавзањои интихоботии А. Љомї №64 ва Норак № 10 Ќурбоналї Ќурбоновро шуниданд. Пас аз тасдиќ намудани ваколати вакилони Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба вакилони тозаинтихоб Сулаймонзода Акрам Рањим ва Асозода Дилшод Алимурод раиси вилоят Ќурбон Њакимзода шањодатномаи вакилиро супурда, барояшон барору комёбињо таманно намуд. Аз рўйи масъалаи дуюми рўзнома бошад, рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020 №221 оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Љумњурии Тољикистон барои солњои 2020-2025” дар шањру ноњияњои вилоят њисоботи Заробиддин Файзуллозода муовини раиси вилояти Хатлонро шуниданд. Тавре ки таъкид гардид, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шањру ноњияњо, ташкилоту муассиса ва корхонањои саноатии вилоят бобати иљрои ќарори болозикр тадбирњои мушаххас андешида, бањри амалї гардидани он як ќатор корњои муайянро ба анљом расониданд. Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон саноатикунонии босуръати кишварро њадафи чоруми миллї эълон намудаанд. Дар натиљаи амалї гардидани њадафи мазкур иќтисодиёти ватани азизамон рушд ва дар ин замина њазорњо коргоњу корхонаи нави саноатї бунёд ва љойњои корї таъсис меёбанд, ки шароити кору рўзгори њамватанон боз њам бењ мегардад. Чуноне ки зимни маърўза таъкид рафт, соли сипаригардида саноатчиёни вилояти Хатлон љињати татбиќи њадафи чоруми миллї чорањои зарурї андешида, нисбати соли гузашта истењсоли мањсулотро зиёд намуданд. Бо дастгирї ва ташаббусњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон
тасдиќ намудани ваколати вакилони Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон. 2. Рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020 №221 оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Љумњурии Тољикистон барои солњои 2020-2025” дар шањру ноњияњои вилоят. 3. Њисоботи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуќавории вилоят оид ба кору фаъолияти хољагињои тухмипарварї ва зотпарварї дар шањру ноњияњои вилоят. 4. Њисоботи раиси Комиссияи доимии Маљлиси вакило-
муњтарам Эмомалї Рањмон танњо дар соли 2020-ум 18 корхонаи бузурги саноатї дар шањру ноњияњои Кўлоб, Ёвон, Данѓара, Кўшониён, Дўстї, Хуросон, Љайњун, Муъминобод, Восеъ бунёд гардида, мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Таъсиси Минтаќањои озоди иќтисодии “Панљи Поён” “Данѓара” ва “Кўлоб” љињати рушди соњаи саноати љумњурї ва вилоят мусоидат намуда, барои истењсоли мањсулоти саноатї, аз љумла воридотивазкунанда ва содироти мањсулот ба хориљи кишвар заминаи мусоид фароњам овард. Чуноне ки зикр гардид, танњо соли 2020-ум номгўйи мањсулоти саноатї дар вилоят аз 92 номгўйи соли 2015-ум ба 153 намуд расид ва њаљми истењсоли мањсулоти саноатї 2,5 баробар афзун ва теъдоди корхонањои нав 8,3 баробар афзуд. Ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилоят давоми солњои 20182020-ум 255 коргоњу корхонањои нав бунёд гардида, мавриди бањрабардорї ќарор ёфтанд, ки дар ин замина наздики 3 њазор љойи корї таъсис ёфт. Танњо дар соли 2020-ум аз љониби соњибкорони мањаллї ва шахсони саховатпеша 91 корхонаву коргоњњои саноатї ба истифода дода шуд. Њамзамон муовини раиси вилоят таъкид дошт, ки дар асоси наќша-чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон солњои 2021-2025 дар шањру ноњияњо бунёди 145 коргоњу корхонањои нави саноатї бо назардошти беш аз 13 њазор љойи корї пешбинї гардидааст. Аз љумла, дар соли 2021 тибќи дурнамо сохтмони 60 корхонаи саноатї дар назар аст. Маврид ба зикр аст, ки дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон 60 корхонаи коркарди пахта, 101 коргоњи хурди пахтатозакунї, 5 корхонаи ресандагї, 48 коргоњу корхонањои дўзандагї, 3 корхонањои истењсоли љуробу пайпўшї, 2 адад истењсоли мањсулоти мадофї, 3 корхонаи истењсоли газвор ва корхонаи истењсоли мањсулоти тиббї, дар умум, соли сипаригардида дар њудуди вилоят 223 корхонаву коргоњњои истењсолї фаъолият намуда, ба маблаѓи 1 миллиарду 648 миллион сомонї мањсулот истењсол кардаанд.
ни халќи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон 5. Дар бораи пеш аз муњлат ќатъ гардонидани ваколати вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон аз њавзаи интихоботии Данѓара №32 ва таъйин намудани интихобот. 6. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба љойи вакили хориљшуда дар њавзаи интихоботии Данѓара №32. 7. Масъалањои љорї ва кадрї.
Дар соли 2020-ум корхона ва коргоњњои пахтаи вилоят дар умум, ба миќдори 272 њазор тонна пахта, аз љумла аз љониби корхонањои калон 175,2 њазор тонна ва коргоњњои хурди пахтатозакунї 92,3 њазор тонна пахта ќабул гардида, аз ин миќдор 89,8 њазор тонна нахи пахта, 745 тонна тиббї, 835 тонна пат, 1112 тонна торак, 1027, 8 њазор тонна пахтаи кўрпабоб истењсол намуданд, ки нисбати соли 2019-ум ду баробар зиёд мебошад. Чуноне ки таъкид рафт соли 2020-ум 29136 тонна нахи пахта, 15000,6 тонна ришта, 23082,4 тонна мањсулоти кишварзї, 917237,3 киловат соат ќувваи барќ, 512162 тонна семент, 1190 тонна намак, 370,8 тонна шираи камол, 2404 тонна ангишт, 2160 тонна арматура, 67 тонна решаи ширинбия ва 2204,4 тонна дигар мањсулот содирот карда шуд. Дар соли 2020-ум корхонањои саноатии вилоят ва бахши хусусї 187682,1 тонна орд, 12767,7 тонна равѓан, 7578,3 тонна биринљ, 169,9 тонна мањсулоти макаронї, 1938,1 тонна мањсулоти ширї, 2344,2 декалитр араќ ва мањсулоти ликёрї, 30709,6 њазор ќуттии шартї консерваи меваи сабзавот, 1158,7 тонна мањсулоти ќаннодї, 23120,5 тонна мањсулоти гўштї ва дигар мањсулоти воридотивазкунандаро истењсол намуданд. Дар вилоят беш аз 205 корхона ба истењсоли мањсулоти бинокорї машѓул мебошанд. Аз љониби соњибкорони вилоят соли сипаригардида 46 адад лоињаи сармоягузорї ва дархостњои лоињавї ба маблаѓи 77,8 миллион сомонї пешнињод гардида, 4 адади он ба маблаѓи 21,4 миллион сомонї дастгирї ёфт. Дар ин давра неругоњњои барќии обии њудуди вилоят дар њаљми 15 миллиарду 923,2 миллион киловатт-соат ќувваи барќ истењсол намудаанд, ки нисбати солњои пешин 21,1 фисад зиёд аст. Пас аз њисоботи муовини раиси вилоят вакилон ва даъватшудагон Барфихон Холов, Рустам Рањматзода, Сиљовиддин Саломзода, Абдуќодир Вализода ва дигарон ба музокира баромада, оид ба рушди соњаи саноат, рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020, №221 оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Љумњурии
Тољикистон барои солњои 2020-2025” дар шањру ноњияњои вилоят фикру андешањои худро баён намуданд. Раиси Маљлиси вакилони халќи вилоят Ќурбон Њакимзода љињати амалї гардидани Барномаи саноатикунонии босуръати Љумњурии Тољикистон барои солњои 20202025 ба раисони шањру ноњияњо, масъулони соња дастуру супоришњои мушаххас дод. Аз љумла, таъкид дошт, ки љињати ба кор даровардани корхонањои саноатии аз фаъолият бозмонда, бо иќтидори пурра ба роњ мондани фаъолияти корхонањои истењсолї, зина ба зина афзоиш додани њаљми истењсоли мањсулоти саноатии ба талоботи бозор раќобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, бунёди коргоњу корхонањои нави истењсолї, таъсиси љойњои нави корї, сари ваќт ба ќайд гирифтани коргоњу корхонањои тозабунёд дар нозироти андоз ва ба њисоботњои оморї ворид намудани онњо, ба таври зарурї ба роњ мондани фаъолияти коргоњу корхонањои истењсолї дар самти соњаи хўрокворї, дўзандагї, коркарди регу шаѓал, мањсулоти бинокорї, таъмини дурнамо ва наќшањои истењсолї, аз љумла дўхти либоси мактабї барои муњасилин тадбирњои мушаххас андешанд. Њамчунин, Ќурбон Њакимзода ба масъулини шањру навоњї ва ташкилотњои марбута љињати истифодаи оќилонаи њар як ваљаб замин, кишти сариваќтии пунбадона, афзун намудани мањсулоти кишоварзї, ба ин васила таъмини амнияти озуќаворї маслињату супоришњои ќатъї доданд. Њамин тавр, њисоботи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуќавории вилоят оид ба кору фаъолияти хољагињои тухмипарварї ва зотпарварї дар шањру ноњияњои вилоят шунида шуд. Њамчунин, аз рўйи масъалаи чоруми рўзнома раиси Комиссияи доимии Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон Маърифат Зоирзода њисобот дод. Пас аз њаллу фасли масъалањои рўзномаи иљлосияи Маљлиси вакилони халќи вилоят ќарорњои дахлдор ќабул гардид. А. САФАРЗОДА «Хатлон»
МЕЊРНОМА
МЕЊМОНИ ГИРОМИЮ АЗИЗИ ХОНАДОНИ МО 29 августи соли 2013. Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар тантанаи кушодашавии заводи сементбарории “Хуаксин Ѓаюр семент”, ки мутахассисони чинї бо кумаки кадрњои мањаллї сохта буданд, ширкат доштанд. Баъди маљлис ва вохўрї бо коргарону мутахассисон бо њукми таќдир Љаноби Олї ба хонаи мо, ки дар шафати роњи Ёвон - Вањдат, дењаи Њасании Љамоати дењоти ба номи Њасан Њусейнов љойгир аст, ташриф оварданд. Ин ташрифи Љаноби Олї барои ањли оила ва њамсояву њамдењањо хурсандии фаромўшношуданї буд ва аз он мулоќот хотирањои зиёд боќї мондааст. Мењмони олиќадр хоксорона болои кати чўбини суфаи дарози рўи њавлї бо модару њамсар ва фарзандонам нишастанд, њар кадомро аз сињативу саломатї, равиши рўзгор пурсон шуданд. Њамчунин, аз падарам суроѓ карданд ва чун фањмиданд, ки ў даргузаштааст, бо дилсўзї моро дилбардорї карда, тасаллият доданд, ки сабри љамил дошта бошем. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо њаваси зиёд тањмоли пухтаи модарамро тановул намуда, таъриф карданд, ки тањмол бо тамоми мањорати пазандагї
тайёр шудааст. Ин, албатта, бемуњобо буд ва баъдан дар яке аз сафарњои кории Љаноби Олї ба ноњияи Љайњун модарам тањмол пухт, ки онро ба он љо бурданд. Шахси аз њама азиз ва гиромиќадр, Пешвои миллат дар хонаи мо як соату 20 даќиќа мењмон гардид. Барои мо ин бахти баланд буд. Президенти мардумї муњтарам Эмомалї Рањмон модарамро наздашон даъват намуда, яхдон, телевизори калонњаљм, 2 дона ќолин ва 1 тўб атлас туњфа дод. То њол туњфањои ќиматбањои Љаноби Олиро чун гавњараки чашм нигоњ медорем. Модарам барои наберањо аз атласи туњфашуда курта дўхтааст, ки духтарон дар рўзњои ид мепўшанд ва хурсандї мекунанд. Аз файзи ќадами Президенти азиз мебошад, ки майдони 2,20 гектар замини хољагии дењќонии мо њар сол њосили хуб медињад. Гандум, картошка, помидор ва дигар зироатњои хољагии ќишлоќ дастархони хонадони моро пурбор менамояд, њамчунин, як ќисми њосилро ба бозори ноњияву атроф мебарорем. Аз замини хољагї њар сол 2-3 њосил мерўёнем. Кароматулло Рањматуллоев, сардори хољагии дењќонии “Кароматулло-2013”, ноњияи Ёвон
НАВРЎЗ ИДИ КИШТУКОР АСТ Наврўз - љашни ниёгони мо тўли таърихи дароз бо вуљуди садгузориву манъкорињои раќибони худ тавонист бо пуштибонии соњибонаш, миллати фарњангпарвару тамаддунофари тољик пойдор бимонад ва ба ворисони худ бирасад. Зеро фарорасии оѓози соли нав, омадани фасли бањор-иди киштукор буд. Хушбахтона, бо соњибистиќлол гардидани Тољикистони азиз барои эњёи љашни Наврўз шароити мусоид фароњам омад. Он аз нав эњё гардид. Хосатан, бо пуштибонии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон неруи тоза ёфт, љањонї гардид, ки имрўз онро дар тамоми дунё њамчун иди умумимиллї ботантана таљлил менамоянд. Наврўз имрўз на танњо моли миллати тољик, балки моли мурдуми олам гардид. Дар воќеъ, иди Наврўз ин тамаддун аст ва месазад, ки асрњои аср чун гузаштагонамон онро тантана намоему базму нишот ороем. Ин њама танњо ба хотири дўстиву рафоќат, файзу баракат, хушбахтию вањдати халќи кулли дунёст. Дар кишвари офтобрўяи мо тантанањои наврўзї бо шодиву нишот идома дорад. Тавассути оинаи нилгун баргузории љашнњоро дар њар як навоњии кишвар дида, дилњо лабрези фарањ мегардад. Мардум дасти њам гирифта, шодиву хурсандї мекунанд, базми наврўзї меороянд, мераќсанду меболанд,
кинањоро аз дил берун карда, якдигарро ба оѓўш мекашанд. Як хусусияти хосу фарќкунандаи Наврўз ин аст, ки он љашни покиву назофат, созандагї, ободкорї ва оѓози кори марди кишоварз аст. Мардуми тољик бо омад-омади бањор ба љашни наврўзї омодагї мегиранд, хонањоро тоза намуда, ба кори хайру неккиштукори бањорї машѓул мешаванд. Љашнгирии Наврўзи имсола ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон рост омадааст, ки ин фоли нек мебошад. Агар гўем, ки баъди солњои хомўшї ин љашни 30-солагии эњёи Наврўз аст хато нахоњем кард. Љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон чун дигар идњо, балки аз он зиёдтар барои мо азиз аст. Зеро агар Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон намебуд, мо наметавонистем ба ин шукўњу шањомати хосса љашнњои суннатии худро бо тантанаву шањомати баланд таљлил намоем. Аз ин лињоз, њар яки мо ба истиќлолияти дастдода бояд шукргузор бошем ва онро чун гавњараки чашми худ њифзу эњтиром намоем. Тантанањои наврўзї дар љумњурї, аз љумла вилояти Хатлон, бо кишту кори дењќонї идома дорад. Баробари ин мардуми кишвар, алалхусус кишоварзон ба мавсими киштукори бањорї пурра омодагї гирифта, ба кишти пунба оѓоз намуданд. Сирољиддин САЙДАЛЇ
2
ХАТЛОН
ПАНЉШАНБЕ, 1 апрели соли 2021, №16 (3305)
Ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон
ХУРОСОН. БУНЁДКОРИЊО ДАР АВЉ АСТ Дар ноњияи Хуросон ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сохтмон ва таъмиру азнавсозии 364 иншоот ба наќша гирифта шудааст, ки аз он то имрўз 320 иншоот мавриди истифодабарї ќарор гирифтааст. - Бо љалби соњибкорони бонангу номус ва дастгирии сокинони мањал дар назди 14 муассисаи таълимї 44 синфхонаи иловагї, таъмири литсейи раќами 1 ва 2, муассисаи томактабї, 3 китобхона ва таъмири ќасри фарњанг дар дењоти Садриддин Айнї, 14 бунгоњи тиббї, 3 маркази тиббии дењотї,таъмири 3 беморхонаи минтаќавї, бунёду азнавсозї ва таъмири дигар иншооти њаётан муњим анљом дода шуд, - иттилоъ дод мутахассиси бахши меъморї ва шањрсозии ноњия Сайдањмад Ѓуломов. Њамзамон, дар маркази ноњия биноњои наву замонавї, Парчам ва Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ќомат афрохта,чароѓонкунї, гулкорї, нињолњои њамешасабзу ороишї, шиору хитобањои ватандорї ва
наврўзї ба њусни ин макони сайругашт ва фароѓати сокинони мањал њусни тоза зам намудааст. Сањми коргарони идораи давлатии нигоњдории роњњои автомобилгард низ дар њамкорї бо соњибкорони ватандўст, сокинони мањал дар бунёду таъмири 27 пули мошингузар, таъмири роњ, сангфаршу мумфаршкунии роњњои њудуди ноњия назаррас мебошад. Дар мувозинаи ин идора 273 километр роњ мављуд мебошад, ки 73 километри он роњи ањамияти љумњуриявї ва 194 километр роњи мањаллиро ташкил медињад. Дар доираи лоиња бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва шарикони рушд бунёди шоњроњи Душанбе-Бохтар, ки ќисмати зиёди он марзи ноњияи Хуросонро убур мекунад, бо талаботи љањони муосир ва меъёрњои байналмилалї бунёд шуда истодааст. Корњои бунёду азнавсозї ва таъмири иншооти њаётан муњим дар ноњияи Хуросон бомаром идома дорад. Ш. САИДОВ
НОРАК: НАЌШАЊО АМАЛЇ МЕШАВАНД Дар доираи омодагињо ба љашни бузург 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Норак корњои ободониву созандагї бомаром идома дорад. Яке аз иншооти љашнї татбиќи лоињаи "Обтаъминкунї ва санитарии шањри Норак" мебошад, ки дар назди Муассисаи давлатии “Обњои нўшокї ва корезї” амалї карда мешавад. Аллакай азнавсозии бинои маъмурии он ба анљом расонида шуда, сохтмони истифодаи об аз ќубурњо идома дорад. Сохтмони хатти об дар
масофаи 2,5 километр моњи сентябри соли 2021 ба истифода дода хоњад шуд. Бинои баландошёнаи Маркази адлия, ки сохтмони он 25 ноябри соли 2020 оѓоз гардида буд, аз љумлаи иншооти љашнї мањсуб меёбад. То имрўз се ошёнаи он бо риояи талаботи меъморї бунёд гардидааст. Сохтмончиён ният доранд ин иншоотро то 30-солагии Истиќлолияти давлатї мавриди истифода ќарор дињанд. Ф. УМАРОВ, «Хатлон»
БАЛЉУВОН. ИФТИТОЊИ МАРКАЗИ ЗАНОН Дар ноњияи Балљувон боз як иншооти љашнї-бинои Маркази занон мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Бинои мазкур дар маркази ноњия бо ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва дастгирии давлати Љопон бунёд ёфт. Дар тантанаи кушодашавии Маркази занон намояндагони сафорати давлати Љопон дар Тољикистон, сохтмончиён ва роњбарияти ноњия иштирок доштанд. Раиси ноњия
Шералї Љалилзода барои кумаки беѓаразона ба мардуми Љопон изњори миннатдорї намуда, афзуд, ки бо ѓамхории Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон чунин ободкорињо дар ноњияи Балљувон боз њам рушд меёбад. Бинои болозикр дуошёна буда, занони ноњия метавонанд дар он ба њунарњои дўзандагї, чакандўзї, пазандагї машѓул
шаванд. Њамчунин, дар ин љо табиби равоншинос ва мутахассиси соњаи њуќуќ фаъолият мекунанд, ки занони ноњия метавонанд, аз хизмати онњо бањравар гарданд. Айни замон, дар Маркази занон 10 нафар занону духтарон ба кори доимї фаро гирифта шудаанд. Дар назар аст, ки оянда шумораи занони коргар зиёд мешавад. Рўзигул ЌУРБОНЗОДА
Рањої аз бунбасти коммуникатсионї
Аз сањифањои таърих
АВРОЌИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОЊИБИСТИЌЛОЛЇ Соли 1998. Дар таърихи давлатдории Тољикистони соњибистиќлол ин давра нишон дод, ки роњбарияти олимаќоми давлати соњибистиќлол барњаќ сохтори интихобкардаи худ “соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, ягона ва дунявї” буданро дар амал татбиќ менамояд. Дар оѓози сол аз чоп баромадани китоби муќаддаси мусалмонон-“Ќуръони маљид” бо забони тољикї ва дастраси умум ќарор гирифтам гувоњи њамин аќидањо мебошад. Ин аввалин ќадами љиддии давлати соњибихтиёр дар роњи њамаќидагї бо мардум буд. Чунки дар даврони Шўравї ин иќдом ба гўшу хотири касе намеомад. Њамчунин, дигар рўйдоду навгонињое, ки давоми ин сол ба вуќўъ пайваст, аз татбиќи Созишномаи сулњ ва ризоияти миллї, ќадамњои устувор дар роњи рушди иќтисоду зиндагии шоистаи мардум дарак медод. Оњиста-оњиста аз сохтори пештараи хољагидорї ба сохтори нав гузаштан низ аз њамин сол ибтидо гирифт. Хусусигардонии моликияти љамъиятї (привитизатсия) оѓоз ёфт. Мардуми идеядору соњибандеша
РОЊЊО-ПАЙВАНДГАРИ ЌАЛБЊО
Дар урфият мегўянд, ки роњњо пайвандгари ќалбњост. Њамин тавр њам њаст. Зеро мардум тавассути онњо бо њам наздик мешаванд, муомилот, доду гирифт менамоянд, зарурати худро мебароранд ва аз њама асосї бо њам дўсту бародар мегарданд. Давлату Њукумат, алалхусус, Сардори давлат ба ин љињати масъала ањамияти аввалиндараља додаанд. Ин масъала њадафи стратегии давлат ќарор гирифт ва ба ин маќсад маблаѓњои зарурї сафарбар шуд. Ин буд, ки Тољикистон дар як муддати кўтоњ аз бунбасти коммуникатсионї рањої ёфт. Чуноне Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 26 январи соли љорї ќайд намуданд: “Тољикистон дар раддабандии љањонии сифати роњњо, ки њамасола баргузор мегардад, давоми ду соли охир 20 зина боло баромада, дар байни 141 давлати ба татќиќот фарогирифташуда љойи 50умро ишѓол намуд, ки ин аз бењдошту пешрафти корњои
роњсозї дар кишвар башорат медињад”. Давоми солњои соњибистиќлолї соњаи роњу наќлиёти навоњии минтаќаи Кўлоб низ чун дигар гўшањои кишварамон хеле бењтар гардид. Дар ин муддат 143 километр роњњои ањамияти байналмилалидошта, 212 километр роњи ањамияти љумњуриявї ва 68 километр роњњои ањамияти мањаллидошта, инчунин, дар ин муддат 48 пул таъмир ва аз нав сохта шуда, садњо километр роњњо таъмиру тармим гардида, њолаташон бењтар карда шуд. Давоми чанд соли охир бунёди роњи ањамияти байналмилаливу љумњуриявидошта - Душанбе - КўлобХоруѓ (ноњияи Данѓара, Кўлоб ва Шамсиддин Шоњин), Данѓара-Кангурт-Балљувон, Балљувон-Ховалинг, ВосеъХовалинг ва даромадгоњ то маркази ноњияи Њамадонї сохта, мавриди бањрабардорї ќарор дода шуданд, ки мардум метавонанд бемушкилї сафар намоянд ва дар камтарин фурсат ба маконашон расанд. Бояд ќайд кард, ки шоњроњи Шоњин-Ќалъаи Хумб-Бадахшон имконият фароњам овард, ки ќисмати љанубии Тољикистон бо Љумњурии халќии Чин пайваст гардида, имконияти рафтуомад ва додугирифтро бо ин кишвари дўсту њамсоя таъмин намуд, ки ин яке аз дастовардњои дигари Истиќлолияти давлатии Тољикистон мањсуб меёбад. Таљдиду азнавсозии роњњои ањамияти љумњуриявї ва байналмилалидошта босуръат идома дорад. Айни замон таљдиди роњи автомобилгарди Кўлоб - Шамсиддин Шоњин, ки аз тарафи роњсозони давлати Чин ва мутахассисони мањаллї бунёд карда мешавад идома дорад. Соли љорї бошад, лоињаи сохтмони роњи Њулбук – Темурмалик- Кангурт, пули дарёи Панљ дар мавзеи Кокули ноњияи Фархор ба анљом расонида шуда, сохтмонашон
соли оянда шурўъ хоњанд гардид. Дар кори бунёду сохтмони роњњо, азнавсозии онњо сањми соњибкорону шахсони њимматбаланд кам нест. Соњибкорони мањаллї дастурњои Сардори давлатро оид ба пешбурди корњои ободонї дастгирї намуда, дар шањру навоњии минтаќаи Кўлоб, корњои зиёди бунёдсозиро анљом доданд. Аз љумла, бо ќувваи онњо дар минтаќаи Кўлоб беш аз 2101 километр роњњо сангфарш, 362 километр роњњо асфалтпўш ва 40 пул таъмир ва азнавсозї карда шуданд. Соњибкорони боњиммат ва шахсони босаховат низ дар кори бунёду азнавсозии роњњои дењаву ноњия сањми арзандаи худро гузошта, сазовори обрўю эњтироми баланди мардум гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки бо оѓоз ёфтани сохтмони роњи авомобилгарди Њулбук-Темурмалик-Кангурт имконият фароњам меояд, ки техника ва таљњизоти роњсозии мо боз як дараља пурратар гардад. Зеро барои нигоњдошту пешбурди корњо дар роњи ањамияти љумњуриявидошта техника ва таљњизот дар мадди аввал меистад ва боварї њаст, ки Њукумати љумњурї дар ин бахш муассисаи моро дастгирї хоњад кард. Корманддони Муассисаи давлатии идораи хољагии роњњои автомобилгарди минтаќаи Кўлоб аз иљрои вазифаи худ-нигоњдошту бењтар намудани њолати истифодабарии роњњои ба зиммаашонбуда бо сарбаландї баромада, љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро сазовор истиќбол мегиранд. Хуршед АРАБЗОДА, директори Муассисаи давлатии идораи хољагии роњњои автомобилгарди минтаќаи Кўлоб
«ЃАМХОРЇ»-ЃАМХОРИ МАРДУМИ НИЁЗМАНД Ташкилоти љамъиятии "Ѓамхорї" соли 1996 аз љониби гурўњи кормандони соњаи тиб ва омўзгорон ба хотири дастгирї кардани ањолии камбизоат созмон дода шудааст. Маќсад ва њадафи Ташкилоти љамъиятии "Ѓамхорї" ин баланд бардоштани сатњи иљтимоиву иќтисодии мардум бо роњи бењтаргардонии маънавиёти ањолї, омўзиш ва кумак дар соњаи тиб, кишоварзї ва њифзи њуќуќу манфиатњои занону кўдакон, ташаккули тарзи њаёти солим, њамкорињои натиљабахш бо муассисањои давлатии нигоњдории тандурустї ва маориф буда, њама гуна шароити муфиду судмандро бањри иљрои ин гуна амалњои хайрхоњона равона мегардонад. Ташкилоти љамъиятии "Ѓамхорї" дар муддати 21 соли фаъолияти пурсамар новобаста аз вазъияти душвори љањон бо тарѓиб ва љалби сарпарастон зиёда аз 100 лоињаи хурду бузургро дар самти сафарбаркунии ањолии вилояти Хатлон барои паст кардани сатњи камбизоатї, тарбияи ањолї оид ба масъалањои гендерї, њуќуќи инсон, паст кардани сатњи хушунати хонаводагї, ташкили чорањои мутобиќшавї дар робита бо таѓйирёбии иќлим, пешгирии њолатњои фавќулода, муњољирати мењнатї, кор бо маъюбон, эљод ва тањкими кумитањои мањаллї (MC), гурўњи худидоракунї (SHG) ва гурўњи ташаббускорон барои рушди дења, пешгирии касалињои ВИЧ/СПИД, сил, санитарияи об, вараља, домана, кор бо кўдакони имконияташон мањдуд, тањќиќоти
иљтимоии иќтисодї, расонидани кумаки њуќуќї ва равонї ба љабрдидагони хушунати хонаводагї ва омўзиши касбњои гуногун барои занон амалї гардонидааст. -Намояндагони ташкилоти
ва, сокини дењаи Шањристони ноњияи Абдурањмони Љомї. Гурўњњои Ташкилоти љамъиятии "Ѓамхорї" аз рўи барномаи амалкунанда дар ноњияњои Абдурањмони Љомї, Вахш ва Кўшониён фаъолият
љамъиятии"Ѓамхорї" бори аввал дар дењаи мо як гурўњи худёрирасонро аз байни оилањои камбизоат интихоб ва ташкил намуданд. Барои як ќисми аъзои гурўњ маблаѓ барои ташкили фаъолияти фоиданок ва барои ќисми дигари гурўњ масолењи сохтмонї барои сохтани гармхона харидорї ва дастрас намуданд. Ба ѓайр аз ин, бо дастгирии њамин барнома 50 кг тухмии картошка ба бањрагирандагони барнома таќсим карданд. Дар гармхонањо мо кўчати помидор ва бодиринг парвариш карда, мањсулоти барваќтї мегирем ва ба бозор бароварда мефурўшем. Ин гурўњ на танњо барои ман, балки барои дигар занони дења кумакњои моливу пулї расонидаанд, изњор дошт, Шамсихон Файзо-
дошта, аз 75 нафар иборат мебошанд. Ташкилоти љамъиятї ба ин гурўњњо маблаѓ људо менамоянд. Бо истифода аз маблаѓњо аъзои гурўњ барои ба роњ мондани тиљорат ва бењгардонии зиндагї ба соњибкорї машѓул мешаванд. Ширин Ѓафурова, соњибкорзани муваффаќ дар дењаи Шањристон буда, соњаи чорводориро интихоб кардааст. Айни замон, ў ба савдои шир, чаккаву љурѓот машѓул аст. Мањз бо дастгириву кумакњои Ташкилоти љамъиятии "Ѓамхорї" вазъи зиндагиаш хубтару бењтар гардидааст. - Худованд ба чунин шахсон баракат дињад, ки мушкилоти зиндагиашон тавассути кумаки онњо осон шуд. Умед дорем, бо дигар шахсони камбизоат низ
дасти мадади хешро мерасонанд, - мегўяд Ширин. Саодат Идиева дар суњбат гуфт: "Чандин маротиба ташкилоти "Ѓамхорї" ба мо кумак кардааст. Соли гузашта бо маблаѓгузории ташкилоти Бунёди мадад ва дастгирии ташкилоти љамъиятии “Ѓамхорї”-и вилояти Хатлон як гармхона дар замини наздињавлигї бунёд кардам, ки дар он ќариб њамаи намуди зироатро коштаам. Аз њамин њисоб зиндагиамро пеш бурда истодаам. Ният дорам, ки дар оянда аз фоидаи бадастоварда майдони гармхонаро васеъ кунам". Дар љараёни фаъолияти худ ТЉ "Ѓамхорї" якљоя бо муассисањои давлатї ва ѓайридавлатї бисёр лоињањои гуногунро амалї намуд. Шарикони бахши давлатии ТЉ "Ѓамхорї": Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва навоњї, љамоатњо, кумитањои мањаллї, нашрияњои “Новый Хатлон”, “Набзи Бохтар”, “Чархи Гардун”, “Авиценна”, телевизиони минтаќавї ва шањрї мебошанд. Барномае, ки айни њол бо дастгирии шуъбаи ташкилоти байналмилиалии институти Љамъияти кушодаи “Бунёди Мадад” дар Тољикистон амалї мешавад, ин “Мусоидат дар бењтар намудани имкониятњои иљтимої-иќтисодии гурўњњои осебпазир тавассути рушди худфаъолиятї” мебошад. Вазифаи асосии барномаи муњлатноки ташкилот, ки то 4 апрели соли 2021 давом ме-
кунад, таъсиси муњити мусоид дар байни 75 оилаи осебпазир, ки аз оќибатњои пандемия зарар дидаанд, тавассути грантњо барои эљод ва рушди фаъолияти фоиданок буда, инчунин, воридшавї ба бозор, роњњо ва фурўши мањсулоти худ ва љалби муштарї бо роњи ташкили сањифа дар шабакаи интернетро дарбар мегирад. - Айни замон њар як гурўњ дар шабакаи интернетии Фейсбук сањифаи худро бо номи "Гурўњи фаъолияти фоидаовар" таъсис додаанд. Ин охирин иќдоми барномаи ташкилоти "Ѓамхорї" набуда, балки, дар оянда низ тариќи људо кардани грантњои калони маќсаднок ба мардум мадад хоњад расонд. Бо дастгирї ва фаъолияти ташкилот бањрабарандагони лоиња сатњи иќтисодии зиндагиро тавассути ташкил ва фаъолияти фоиданок (сохтани гармхонањо, ташкили фонди тухмї, тиљорати хурд ва ѓ.), дарёфти љойњои корї дар сатњи мањал, баланд бардоштани сатњи дониш дар соњаи кишоварзї метавонанд баланд бардоранд. Онњо дар бораи таъсис ва рушди фаъолияти тиљорати хурд маълумоти муфассал гирифта, огањии худро оид ба пешгирї ва пањншавии беморињои сироятї баланд бардоштаанд. - Гарчанде ки грантњои хурди Фонди бунёди мадад кўтоњмуддат мебошанд, онњо дар рушд ва баланд бардоштани сатњи зиндагии гурўњњои осебпазири ањолї дар Тољикистон сањми назаррас доранд,-мегўяд М. Яхшибеков, менељери лоиња. Фирдавс УМАРОВ, "Хатлон"
акнун имкон пайдо намуд корхонаву иншоотњоро хусусї гардонида, бо тарзи нав, бо супоридани андоз, ки акнун асоси ѓанигардонии буљети давлат њисоб меёфт, њамчун соњибмулк ба фаъолият пардозад. Ин раванд ќадами умедбахш љињати ба усули нави хољагидорї ва фаромўш кардани сохтори пешинаро дар љомеа нишон медод, ки дар мавриди дуруст амалї шуданашон ба талаботи сохтори мамлакатњои пешрафтаи љањон љавобгў мешуд ва натиљаи самарабахш низ дода метавонист. Худи њамон сол, дар моњи апрел Анљумани IV Њизби Халќии Демократии Тољикистон баргузор гардид. Дар њамин Анљуман Сардори давлат Эмомалї Рањмон низ мавќеи сиёсии худро муайян кард ва ба узвияти ин њизб пазируфта шуда бо як овоз роњбари он интихоб гардид. Ќабул намудани Президент ин њибзи созандаро нишони озод гардидани љомеаи мо аз мавќеи яккањукмронї ва роњи васеъ ба њизбњои дигар буд. Ба њамин маънї, Сарвари давлат чунин иброз доштанд: “Кўшиш хоњам кард, ки таъсири сиёсии њизб дар љомеа њарчи бештар афзоиш ёбад. Њадафи бузургтарини мо-бунёди давлати мутамаддини дунявї ва демократї, таъмини афзалияти арзишњои умумибашарї мебошад. Барои ин, мо бояд аввал ба ягонагиву вањдати миллї муваффаќ шавем. Марази мањалгароиро батадриљ решакан намоем, тамоми шањрвандони љумњуриро, сарфи назар аз эътиќоди диниву сиёсиашон, дар атрофи маќсади ягона–бунёди Тољикистони соњибистиќлол ва дунявї муттањид намоем». Вале, баъзан мешавад, ки љанбаи воќеї доштани маќоли “сухан ба гўши кар њайф аст” рўи об мебарояд. Воќеањои хунин дар ќаламрави шањри Вањдат (Кофарнињон), инчунин, куштору вайронкорињои
зиёд, ки њанўз давом доштанд, аз ниятњои нопоки гурўњњои мансабхоњу нотавонбинї, ки побасти хољагони хориљї шуда буданд, шањодат медод. Душманон сулњу салоњи давлати тозабунёд, зиндагии оромонаи мардумро намехостанд. 16 майи соли 1998 мулоќоти аввалини Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо љавонон, баргузор гардид, ки минбаъд низ чунин вохўрињо доир гардиданд. Иќдоми бузурги Сарвари давлат боиси боз гаштани сањифаи наве дар њаёти љавонони кишвар гардида, бахш ва раёсатњои кор бо љавонон дар вилоят, шањру ноњияњои кишвар ба фаъолияти корї оѓоз намуданд. Дар ин замина, бо Ќарори Маљлиси Олии кишвар (аз 22 майи соли 1998, №628) 23 май Рўзи љавонони Тољикистон эълон гардида, шурўъ аз соли 1998 инљониб дар љумњурї 23 май ба таври расмї чун Рўзи љавонони Тољикистон ќайд мегардад. Ин њама дастгириву ѓамхорињо аз мавќеву маќоми хосса доштани љавонони кишвари соњибистиќлоламон гувоњї медињад. Дар асоси мувофиќати њосилшуда ва љињати татбиќи муќаррароти Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ки соли 1997 байни Њукумат ва неруњои мухолифин дар шањри Москва баста шуда буд, њамчунин, як идда намояндагони мухолифин ба вазифањои гуногуни давлатї пазируфта шуданд. Баъдан, ваќт нишон дод, ки кадоме аз онњо ба ќасами додааш дар роњи ватанхоњиву миллатдўстї устуворанду кадоминаш не. Њамчунин, ќуввањои неруњои мухолифин низ ба Ќуввањои Мусаллањи њукуматї пайвастанд. Соли 1998 охирин гурезаи кишвар, ки тарки ватан карда буданд, ба манзилу макони худ баргаштанд ва худи њамон сол солгарди соњибистиќлоли Тољикистон ба таври васеъ таљлил гардид. Дар арафаи таљлили ин љашни муборак, яъне 7-солагии Истиќлолияти давлатї ќисми аввали роњи оњани Ќўрѓонтеппа-Кўлоб ба истифода дода шуд. Ахиран, 3 ноябри соли 1998 роњи автомобилгарди Мурѓобаѓбаи Ќулма кушода шуд, ки онро пайки накўи пайвастани Тољикистон бо хориљи кишвар тавассути шоњроњи Ќароќурум номидан мумкин аст. Њамчунин, њамин моњ мутобиќи Ќарори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» мавриди амал арзёбї гардид. Дар он аз љумла омадааст, ки аз рўи озмун ишѓол намудани вазифањои давлатии холии хизмати давлатї аз 1 июли соли 1999 оѓоз меёбад. Моњи декабри соли 1998ум 90-солагии Ќањрамони Тољикистон, арбоби сиёсию давлатї, муаррихи барљаста, шарќшиноси шинохта, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тољикистон, узви пайвастаи АИ Иттињоди Шўравї, Ходими хизматнишондодаи илми Љумњурии Тољикистон, муаллифи китоби «Тољикон» Академик Бобољон Ѓафуров таљлил гардид... (Идома дорад) Исматуллои Гули ОЛИМ
3
ХАТЛОН
ПАНЉШАНБЕ, 1 апрели соли 2021, №16 (3305)
Нуќтаи назар
Нигаронї
ТАРЃИБИ МАВЗЕЪЊОИ ТАЪРИХЇ ЌОНЕЪКУНАНДА НЕСТ Аз эълон гардидани Соли 2018-Соли рушди сайёњї, Солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї дар кишвар пешравї, пажўњишњои археологї ба назар мерасад, вале тарѓибу ташвиќи мавзеъњои таърихиву љойњои диданї ба талабот љавобгў нест. Дар сомонањои расмии
маќомоти шањру ноњияњои вилояти Хатлон ба љуз хабарњои расмї дигар маълумоте дар бораи мавзеъњои сайёњиву таърихї дида намешавад. Саволе ба миён меояд, ки чаро масъулин дар сайтњои шањру навоњии вилоят видеову аксњои мавзеъњои таърихиву диданиро бо маълумоти кофї дастрас намекунанд? Ё, чаро сайёњонро ба мавзеъњои диданї љалб намесозанд? Санаи 13-уми феврали соли 2021 бо маќсади љустуљў ва пайдо кардани аксу наворњо дар бораи мавзеъњои таърихї дар сайти 25 шањру навоњии вилоят "мењмон" шудему ба хулосае омадем, ки аксарияти сомонањои шањру ноњияњои вилояти Хатлон дар хоби ѓафлатанд, ё худ ба соњаи туризм таваљљуњи махсус зоњир намекунанд. Шояд хотирљамъ аз онанд, ки дар сањифањои ютюбии "блоггерон" видеоњои тарѓиботї бисёр аст. Бале, њаст, аммо бо ин гуфтањо хотирљамъ шудан нашояд. Аз замони эълони ин солњо ќариб дар њамаи сомонањои расмии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияњо маълумоти зарурї вуљуд надорад. Масалан, дар роњи расидан ба тарѓиби рушди сайёњї сомонаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияњои Данѓара, Ховалинг ва шањри Кўлоб то љое кўшиш карда, маълумоти заруриро дар сомона љой додаанд. Вале ин мисолњо як гулеанд дар бањор! Мувофиќи маълумотњои оморї дар њудуди вилояти Хатлон 931 ёдгориву мавзеъњои таърихї-фарњангї, бостонї ва монументалї, 109 мењмонхона, 133 мавзеи сайёњї, 138 истироњатгоњу осоишгоњњо, 132 тарабхона, 42 осорхона, 79 чойхона, 59 њомстей ва гестхаусњо, 116 зиёратгоњ, 44 боѓи фарњангїфароѓатї, 27 маркази иттилоотии сайёњї мављуд мебошанд. Тавре дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон маълумот дастрас кардем, дар соли 2020 ба вилоят, дар умум, 205 њазору 320 нафар сайёњон ташриф овардаанд, ки аз ин теъдод 2193 нафарашон сайёњони хориљї мебошанд. Тибќи тањлилњои мо дар
сомонањои интернетї якчанд сайтњо вуљуд доранд, ки дар “Фейсбук” бо номи "Tourism Khatlon" ва “www. Sayohikhatlon.tj” фаъолият мекунанд ва то љое маълумоти бештарро пањну тарѓиб мекунанд. Аммо дар як вилоят 2 сомонаи интернетї барои муаррифии мавзеъњои сайёњї басанда нест.
Бояд њар як шањру навоњии вилоят сомонаи махсуси худро дар соњаи рушди сайёњї дошта бошад. Мусаллам аст, ки хориљиён пеш аз он ки ба ягон кишвар сафар кунанд, дар бораи мамлакат, шањр ё ноњияе, ки ба он мавзеъ дидан мекунанд ва ё, умуман, љуѓрофияи
Сайрањмон Назриев, журналист, вобаста ба ин мавзўъ чунин изњори аќида намуд: "Мушкилоти асосие дар рушди соњаи сайёњї вуљуд дорад ва дар сайти маќомоти шањру ноњияњо оид ба набудани маълумоти даќиќу кофї дар бораи мавзеъњои таърихї дар сомонањо ин набудани мутахассисони њамин соња мебошад. Инчунин, барои он ки мо сайёњонро ба љойњои диданибоби кишварамон љалб созем, пеш аз њама, бунёди инфрасохторњо буда, ин барои љалби сайёњони дохилу хориљ хело муњим мебошад. Мушоњида мешавад, ки инфрасохторњо дар маконњои таърихиву сайёњї кам ба назар мерасад. Агар мо дар њар гўшаи зебои диёри ватан инфрасохторњо насозем, тарѓибу ташвиќи мавзеъњои таърихиро зарур шумурдан лозим нест". Њарчанд дар ноњияњои Муъминобод, Восеъ, Ш. Шоњин, Ховалинг, Њамадонї мавзеъњои таърихиву сайёњї бисёр ба назар мерасад, аммо маълумоти кофї дар бораи онњо пайдо карда натавонистем. Аз љумла, мавзеи сайёњии Чилдухтарон, ќалъаи Муъминобод, њавзи Ѓуљазо, чашмањои
Мавзеи Аљинатеппа, 24.03.2021 њудудњоро аз назар мегузаронанду билохира ба он љо сафари сайёњї анљом медињанд. Чунин ба назар мерасад, ки агар рафту сайёње ба вилояти Хатлон ташриф оварданї шавад, нахуст аз интернет маълумот меёбад, мегўед? Њаргиз! Охир, маълумоти набударо аз куљо дастрас мекунад? Аз ин бармеояд, ки мо њоло њам дар самти тарѓиби соњаи сайёњї комёб нашудаем. Масалан, сомонаи расмии шањри Левакант тамоман фаъол нест. Њангоми љустуљўи маълумот аз сайти расмии ноњияи Фархор бошад, кас рањгум мезанад. Мавзеъњои таърихиву бостоние дорем, ки кишварњои хориља ба он диќќати махсус медињанд. Яке аз он мавзеъњо, ин Њаждањѓораи ноњияи Шањритус мебошад, ки тибќи маълумот дар он мавзеъ хориљиён тањќиќоти илмї анљом додаанд. Аммо то ба охир не. Коршиносон бар он назаранд, ки барои тарѓибу рушди соњаи турзим, сараввал, бояд маблаѓи зиёд људо гардад. Зеро ба ин васила метавон якчанд инфрасохтор дар љойњои зебоманзар бунёд намуда, сипас муаррифї кунем.
табиии ноњияи Муъминобод, Њулбуки ноњияи Восеъ, мамнўъгоњи Султон Увайси Ќаранї, Кўлдараи ноњияи Ховалинг, мавзеи сайёњии кони намаки Хоља Муъмин дар Њамадонї ва дањњо мавзеъњои кашфнашуда њаст, ки мо оид ба
мавзеъњои таърихии кишвари худ воќиф нестанд. -Соли гузашта як тадќиќоти илмї-журналистї анљом додем ва дар рафти он бисёр маълумот пайдо кардем. Ваќте ки ба макони таърихии Њаждањѓораи Айвољ, ки дар ноњияи Шањритуси вилояти Хатлон ќарор дорад, дидан кардему аз масъулин пурсон шудем, ки ин мавзеъ таърихи чандасра дорад, љавоби даќиќ нагирифтем. Мо аз сомонањои интернетї маълумоти бо дигар забон нашршударо дар бораи мавзеи таърихии миллати тољик дарёфт кардем, ки ин аз таваљљуњи бостоншиносони љањон шањодат медињад,-изњор дошт Сайрањмон Назриев. Тавре ки коршинос Сафармоњ Ятимова мегўяд: "Дар бораи мавзеи таърихи Чоргултеппа худи ман масъалабардорї кардаам. Њамроњи археолог аз шањри Душанбе Юсуфљон Ёќубов, аз донишгоњи ДДБ ба номи Носири Хусрав Хушбахт Абдунназаров ба он макон рафта, бо мардум суњбату вохўрињо гузаронидем. Ваќте мо ба сокинони ин мавзеъ аз таъриху фарњанг ва ќадру ќимати он макон наќл кардем, онњо дар тааљљуб монданд ва чунин гуфтанд: "Ба мо аз њамин мавзеъ замин људо карда додаанд ва мо аллакай хона сохтаем". Тавре иттилоъ гирифтем, мавзеи Чоргултеппаи ноњияи Вахш макони таърихї буда, аз он љо њар гуна зарфњои гилї, кўзаву хум ва амсоли инњо ёфта, баъзеи онро ба осорхонањо гузоштаанд. Ба гуфтаи Сафармо Ятимова дар даврони Шўравї дар он макон дар болои чўб чунин навиштаљоте буд: "Ин макони ёдгории таърихї аст, поймол кардан мумкин нест". Њоло бошад, он навиштаљот вуљуд надорад. Оё њамин аст, муносибат ба фарњанги ѓании миллати худ? Барои вайрону нест кардани маконњои таърихї кї гунањкор аст? Мардум, маќомот ё бостоншиносон? Воќеан, агар ба миллати тамаддунофари кишвари азизамон назар афканем, дар њудуди мамлакат дањњо љойи таърихии кашфношуда, ба монанди
Њаждањѓора дар Айвољ
ин љойњои таърихї маълумоти кофї надорем. Ба гуфтаи Сайрањмон Назриев, њатто худи масъулони маќомоти шањру ноњияњо дар бораи мављуд будани
Њаждањѓора дорем, ки омўзишу тањќиќоти илмї мехоњад. Пас, чї бояд кард, ки гуфторамон ба амалњои мо рост ояд?! Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»
ВУСЪАТИ КИШТИ ПУНБАДОНА
То санаи 29-уми апрели соли љорї дар вилояти Хатлон дар майдони 4813 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин њамагї 3,95% наќшаи пешбинишударо ташкил медињад. Тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии
вилояти Хатлон иттилоъ доданд, номусоидии обу њавои њафтаи охир монеи маъракаи кишти пунбадона дар шањру ноњияњо вилоят гардида бошад њам, хољагињои пахтакор ният доранд, ки бо истифода аз рўзњои офтобї дурнамои кишти пахтаро сари ваќт ба анљом бирасонанд. Ба гуфтаи Муњибулло Тошпўлотов, мутахассиси шуъбаи рустанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Халон, дар маъракаи имсолаи кишти пахта кишоварзони ноњияи Љайњун пешсаф буда, то имрўз дар майдони 1410 гектар пахта кишт намудаанд. Айни њол иљроиши кишти пун-
бадона дар ноњияњои Љалолиддини Балхї 628 гектар, Дўстї 625, Фархор 325, Хуросон 302 гектар ва дигар шањру навоњии вилоят аз 5 то 250 гектарро ташкил медињад. Тибќи иттилои манбаъ аз 124 њазору 500 гектар наќшаи имсолаи кишти пахта дар вилояти Хатлон 2151 гектари он зери плёнка киштукор шудааст. Аз љумла, дар ноњияи Љайњун масоњати кишти пахтаи зери пленка 1400 гектар ва дар ноњияњои Дўстї 400 гектар, Данѓара 150 гектар ва ноњияи Љалолиддини Балхї 125 гектарро такшил медињад. Мавриди зикр аст, ки љињати иљрои сариваќтии маъракаи кишти пунбадона имсол хољагидорони вилояти Хатлон 1053 техникањои тухмипошакро омода намудаанд. Њамзамон, бо маќсади гирифтани њосили дилхоњ дар соли љорї хољагињои пахтакори вилоят бо бењтарин навъњои тухмї таъмин гардидаанд. Љамолиддин САЙФИДДИНОВ, “Хатлон”
ХАТАРИ “ФАТВОЊО”-И ИНТЕРНЕТЇ Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии кишвар 26 декабри соли 2019 терроризму экстремизмро «тањдиди воќеиву љиддї ба амнияту суботи љањон» ва «душмани берањму шавќат ва маккор» унвон карда, бори дигар ба нињодњои марбута ва, дар умум, ба њар кадоми мо њушдор доданд, ки бояд дар мубориза бо ин зуњуроти хатарноктарини љањони имрўза сањлангориро канор гузорем. Воќеан, имрўз «душмани маккор» худро ба технологияњои муосири иттилоотї, махсусан ба интернет ва шабакањои иљтимої задааст, чун дарк карда, ки мањз њамин љо «минбаре барои фатвоњои фитнаангез»-и худ меёбанд. Имрўз шахсони камтаљрибаву ноогоњ, афроди бехабар аз аркони дини мубини ислом ва њам гумроњоне, ки њадафмандона зидди давлату миллат ва халќу љомеаи худ ѓояњои харобиоварро талќин мекунанд, њаминњо тоифањое њастанд, ки дар аксар маврид зери таъсири таблиѓоти созмонњои террористї мемонанд. Ба сањифањои тољикии шабакањои иљтимої назар карда мебинем, ки мутаассифона, њанўз њам гурўњу афроди сиёњдил ин љо њузури густурда доранд. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз минбарњои Созмони Милали
Муттањид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалї баромад намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазњаб надорад. Зуњуроти дањшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран тањти шиорњои диниву мазњабї сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз љониби душманони ин дини муќаддас роњандозї шуда, аз он, пеш аз њама, кишварњои исломї ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Даргирињо дар давлатњои мусулмонї: Сурия, Ироќ, Либия, Яман ва Афѓонистон, ки ба вуќўъ пайваста истодаанд, гувоњи амиќанд. Њодисањои рўйдодаистодаи љомеаи љањонї моро водор месозад, ки њаргиз зиракии сиёсиро аз даст надињем ва барои њимояи амният, вањдати миллї, сулњу субот, волоияти ќонун ва оромиву осудагии кишвари мањбубамон њамеша омода бошем. Мањз њамин таъкиднамоии Пешвои муаззами миллат аст, ки имрўз дар фазои кишвари мо сулњу субот њукмрон аст. Яке аз хатарњое, ки имрўз ба љомеаи мо тањдид мекунад, зуњури њизбу њаракатњои ба ном исломї мебошад. Чуноне гурўњњои тундраву ифротї соли 1992 кишвари амну осудаи моро ба љанги тањмилї кашиданд, минтаќањои ободро ба харобазор табдил дода, њазорон мардуми бегуноњро ба мудњиштарин воситањо ба ќатл расониданд. Дар натиља беш аз 150 000 нафар кушта, миллионњо нафар гуреза шуданд, ки дар натиља дар мулки
Афѓонистон ќабристони бузурги тољикони бесарпаноњу фиребхўрда пайдо шуд. Њамон давра ташкилоти экстремистии Њизби нањзати исломї барои ба нобудї бурдани миллат шахсони барўманд, олимону донишмандон, шоирону нобиѓањои моро ќасдан нобуд мекард. Вобаста ба ин, нињодњои дахлдор, имомхатибон, имомони масљидњои панљваќта, рўњониёну зиёиён, волидайн, фаъолон ва њама ашхоси огоњ бояд дар хонаву мактаб, дар суњбату вохўрињо ва њар лањзаву њар замон ба насли наврас ва ба нафарони дониши кофии динї надошта таъкид намоянд, ки он чи аз номи ислом дар интернету шабакањои иљтимої пањн мешавад, аксар фитна асту ифрот.
Рањматулло ГУЛОВ, мудири бахш оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросими маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Абдурањмони Љомї
Ёдбуд
САЊАРЕ, КИ НАОМАД...
Ў дар оѓози фасли тирамоњи заррин, мавсими хазонрез чашм ба олами њастї кушодаву андар ављи бањору сарзабзии замину кўњу ёлањои ватан дунёи фониро падруд гуфт. Хонаву модари азизу роњинтизор ва њамсару фарзандони аз љон њам зиёд дўстдоштаашро танњо гузошту рафт. Муроде, ки шаб дар хонаву рўз дар шањр њамагї интизори дидору суњбатњои дилнишинаш буданд, бемањал моро тарк намуд. Аз он рўзи мусибат ду сол гузашта бошад њам, то кунун њамсояву њамкору њамдарсон ва дўстону пайвандонашро бовар намеояд, ки Муродљон Сотиев дигар дар байни мо нест... Дар тўли 38 соли фаъолияти мењнатиаш, аз љумла, ќариб 28 сол ба њайси рўзноманигори нашрияи русии “Курган-тюбинская правда”, имрўза “Новый Хатлон”, њамзамон дар рушду эњёи расонањои навгунаи минтаќаи Бохтари вилояти Хатлон сањми нињоят муњим гузоштааст. -Муродљонро аз овони дар Хонаи пионерон ва мактаббачагони вилоят фаъолият доштанаш мешинохтам ва замоне, ки ба хонаи мо хостгор фиристоданд, аллакай њамчун мухбири рўзномаи “Курган-тюбинская правда” (њозира новый Хатлон) кор мекарданд, - ќисса оѓоз мекунад њамсари ў Марњабо Мањмудова. “Дар тўли ќариб 30 соли оиладориамон дар симои Муродљон шахсиятеро медидам, ки њама њастии худро ба кору фаъолияти љамъиятї бахшида, њатто дар рўзу соатњои истироњату рухсатии мењнатї њам саргарми эљоду омода намудани матлабу гузоришњо буд. Дидору ошної ва идомаи њаёти оилавиамон чун афсонаи нотакрору бебозгашт аз хушбахттарин лањзањои њаёти ман ва марги њамсар бузургтарин фољиаи зиндагї бароям буд. Инак, аз байн ду сол сипарї мегардад, аммо мо ба ёду лањзањои хотирмони бо Муродљон њаёт ба сар бурданамон нафас мебарем. Дар масъалаи эњтироми модар ва
нигоњубину парастории бузургсолон ў барои фарзандону пайвандонамон намунаи ибрат ба шумор меравад. Мутаассифона, баъди як соли рењлат намудани Муродљон модари бузургворашон њам дунёи фониро тарк намуданд” - ашкрезон њаёти гузаштаро ба ёд меорад Марњабо Мањмудова. Дар солњои ба сифати мухбири рўзномаи “Курган- Тюбинская правда” фаъолият доштани Муродљон Сотиев ин нашрияи русизабони вилоят њамчун “Новий Хатлон” табдили ном кард. Баъди панљ соли фаъолияти пурсамараш муовини сармуњаррири ин нашрия таъйин гардид ва аз соли 1996 сармуњаррири ин рўзнома буд. Фаъолияти пурсамарашро дар таъмини ВАО-и кишвар бо хабару маќолањои бо забони русї дида, соли 2006 Муродљон Сотиевро ба њайси мухбири минтаќавии Агентии миллии иттилоотии Тољикистон “Ховар” дар вилояти Хатлон ба кор даъват намуданд, ки то охирин лањзањои зиндагї ин масъулияти муњимро низ ба зимма дошт. Ба гуфтаи Зулайхо Гоибова, сармуњаррири рўзномаи “Новий Хатлон”, шодравон Муродљон Сотиев дар радифи наќши калидї доштанаш дар рушду нумўи ин рўзнома, њамчунин, дар тарбияи кадрњои соњаи ВАО сањми мондагор мегузошт. Ба хусус, дар пайроњаи пурмасъулияти рўзноманигорї Муродљон устоду роњнамои ман ба њисоб меравад. Чун аз лањзањои нахустини оѓози фаъолияти касбиам дар ин нашрия ман дар симои вай роњбари њалиму мењрубон ва такягоњи боэътимодро медидам, омўхтани донишу таљрибаи касбии худро барои кормандону навќаламон дареѓ намедошт. Дар баробари фарњанги волои муошират ў роњбари сахтгир ва ба хотири иљрои сариваќтии вазифањои ба зимма доштаамон масъулияти зиёд эњсос мекард. Њатто ба вазъи нохуби саломатии худ нигоњ накарда, то охирин лањзањои умр њама фикру неруи худро ба кор бахшида, баъди тарњрезии наќшаи корї барои рўзи оянда сўи хона мерафт, - иброз дошт Зулайхо Гоибова. Оре, инсонњои солењ бо кору пайкори созандаву амалњои накўкоронаашон аз худ номи неку корномаи ибратомўзе барои наслњои оянда боќї мегузоранд. Аммо оѓозу фарљом ва ё омаду рафти башарият ба дунёи фонї ба дасти сарнавишт бастагї дорад, гўиё бењтаринњоро беваќту бармањал аз миёни мо мебарад. Ба ќавли дўстон Муродљон њам дар охирин рўзи корї ба умеди фардои иштирок дар чорабинии сафарбаркунии љавонон ба хизмати њарбї бо дўстону њампешагон хайрбодї карду сўи хонааш рафт. Аммо сањарии рўзи дигар ба љойи кор-идораи рўзнома наомад... Љамолиддин САЙФИДДИНОВ, «Хатлон»
4
ХАТЛОН
ПАНЉШАНБЕ, 1 апрели соли 2021, №16 (3305)
Панди зиндагї
ЌАРЗ ... Зиндагии Назар аз дигарон бењ нест. Рўзаш ба маош монда. Ў дар яке аз корхонањои амалкунанда кор мекунад ва маоши ночиз мегирад. Њунари дигар-ошпазиро низ дорад. Гоњ-гоње дар маъракањои начандон калон ошпазї карда, њамон рўз ризќи кўдаконашро меёбад. Вазъи зиндагї борњо ўро ба кўи мардикорї хонд. Вале ўро боз андешаи “ба умеди чор тангаи ѓуломї аз нимта нони хонаву љойи гарми корам намонам”, садди роњ мешуд. Соли нави тањсил фаро мерасид ва ташвиши мард дучанд мегашт. Бо буљаи хароби оилавї харидани китобу дафтар, ќаламу дигар ашёи хониш ва либоси мактабї азобаш медод. Ягона њалли мушкилоти пешомадаро дар фурўхтани ягона гови љўшои хонадон медид. Яъне, фарзандонро аз як коса шири гарм мањрум намуда, корро иљро кардан лозим омад. Назар субњи барваќт гову гўсоларо етак карда, сўи бозор равон шуд. Њанўз аз дења набаромада Шарифи њамќишлоќиаш аз сари роњаш баромад. -Назар, говата ба чаро бурда истодаї?- пурсид Шариф. -Э, ту напурсу ман нагўям?бо табъи гирифта посух дод Назар -Нафањмидам... -Кошки говро ба чаро мебурдаму дилам мисли њезуми тар намесўхт. -Наход ба бозор? Чї њољате пеш омада, ки чорпои ширдењро мефурўшї? -Нодорї, бародар! Камбаѓалии сабилмонда ба ин рўз расонд,-посух дод Назар ва аз дил оњи сўзоне баровард. -Ин тавр бошад, овора шуда ба бозор нарав, молатонро ман мехарам, -гуфтани Шариф соњиби говро аз ташвиши бозорравї халос кард.
Назар гови багўсоларо ба њамдењааш фурўхт. Ў аз чорпои ширдењ људо гашта, бо дили ѓамгин ба хона баргашт.
Дар кати рўйи њавлї нишаста, пулњоро аз љайбаш барварда, як-як њисоб кард ва онњоро чанд таќсим намуд. Шайтон ногањон пайдо мешавад. Мирзоалї ном як шиноси деринааи Назар аз куљое пайдо шуда, ба шайтонї даромад. -Љўраљон, говро фурўхтї? -Бале, њољате баромад, -гўён Назар дар даст пулњо њайрон монд. -Наѓз кардї, аз азоби алафкобї халос шудї. -Ин саги бўйгир аз куљо дарак ёфта бошад, ки ман чорпоямро фурўхтаам?-ба худ суол дод Назар. -Њољати дўстро дўст мебарорад. Бо як умед аз дарат даромадам, њољатамро барор,забон хоида маќсади омаданашро баён кард мењмони нохонда. -Мебахшї, пули ќарз медодагї надорам,-кўтоњакак фањмонд Назар.
-Ноумедам накун, њамин пулњои дастатро бидењ, зуд бармегардонам. -Не, не, наметавонам. Худам њам ба њамин пулњо муњтољ мондаам. Ба кўдакон ашёи хонишу пўшока харидан лозим,фањмонд Назар.
Мирзоалї сархам шуд. Авзояш шакли бечорагиро гирифт. Зиндагии ў низ ваќтњои охир вазнин мегузашт. Як муддат ба бизнес гузашт, лекин он њам барор нагирифт. Якаш ду намешуд. Ба ќарзи калон ѓўта зад. Аз одамон ќарз мегирифту дар баргардонидани он мушкилї мекашид. Ќариб њар рўз шахсони ќарздода дарашро мекўфтанд. -Маро кушед њам, илољи баргардонидани ќарзро надорам. Пул ёбам, албатта, медињам, - ў ба њама “љабрдида”-њо ин љавобро медод. Ќарздорон бошанд, ба хотири гирифтани пули худ Мирзоалиро “эњтиёт” мекарданд, намегузоштанд, ки ба пояш хоре халад. Инро Мирзоалї хуб медонисту бепарво буд ва ќарзњои нав мегирифт. (Идома дорад). С. АТТОР, «Хатлон»
180 НАМУДИ ХАНДА Кайњост, ки якуми апрелро мардум њамчун Рўзи ханда ќабул кардаанд. Доир ба таъсири мусбати ханда ба инсон якчанд далелро пешнињоди шумо-хонандањои гиромї, мегардонем. Хандаи солим инъикоси тавозуни солимии эмотсионалї ва љисмонї мебошад. Ханда дар баробари мењрубонї яке аз аксуламалњои аљоибтарин ва стихиявии мост. Ѓайр аз ин, он яке аз хусусиятњои зебост, ки моро аз дигар мављудоти зинда фарќ мекунад. Ваќте ки мо механдем, воќеан, эњсосоти амиќ ва тозагии љони худро нишон медињем. Дар маљмўъ, ягон иборае вуљуд надорад, ки њиссиёти моро бењтар баён кунад. Ба аќидаи Пабло Неруда ханда забони љон аст. Барои Матизо ханда яке аз абзори самимї ба њисоб меравад, ки ба мо имкон медињад муошират кунем, дар он инчунин, нигоњи мо, навозишњо ё њатто гиряи мо низ њаст. Аммо, баъзан касе, ки бештар механдад, њамон касест, ки аз дарун бештар гиря мекунад. Ханда чанд навъ мешавад: хандидан аз хушбахтї, ханда аз њаљв, ханда бо њасрат, хандидан аз њамдигарфањмї ханда аз асабоният... Илова бар ин, ханда бо њолатњои ѓамгинї ва инчунин, фишори њаррўза мубориза мебарад. Он, њамчунин, шарм ва тарсро коњиш дода, худбоварї ва эътимодро ба худ баланд мекунад. Њатто системаи масуниятро таќвият мебахшад: шуш ва ќалб аз он манфиат мегиранд, зеро фишори хун муътадил ва мушакњо ором мегиранд. Ханда инчунин, роњи хуби пур кардани парњези сўзонидани калория ва тобиши пўст мебошад. Аз ин рў, терапияи ханда вуљуд дорад. Чунин аќида аст, ки хандаи солим тавозуни солими љисмонї ва эмотсионалиро таъмин мекунад. Ин чиз воќеан аљиб аст. Ханда на танњо барои мо сухан мегўяд ва ба мо манфиатњои шахсї медињад, балки ба онњое, ки онро дарк мекунанд, низ таъсир мерасонад. Њамин тавр, ханда ќодир аст итминон дињад, шифо бахшад, ќавидил созад ва њатто ба оѓўш кашад. Мегўянд, ки 180 намуди ханда вуљуд дорад. Дар Иёлоти Муттањида якчанд марказњо мављуданд, ки фаъолияташон ба терапияи хан-
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
да нигаронида шудаанд. Бисёре аз беморхонањо масхарабозон ва аниматорњо доранд, зеро онњо ба беморон хушбахтї ва хурсандї меоранд. Терапияи ханда низ дар Испания маъмул гаштааст (дар он љо гурўњњои масхарабозоне њастанд, ки махсус барои ташриф овардан ба беморхонањо ташкил ёфтаанд), инчунин, дар Амрикои Љанубї. Њатто баъзе озмоишгоњњо барои хандатабобат ба беморони худ сарпарастї мекунанд. Бисёр ширкатњо ва мактабњо семинарњои терапияи Laugher-ро бомуваффаќият баргузор мекунанд. Дар рўзњои бахшида ба тандурустї, варзиш ва оила суњбатњои хандаовар баргузор мешаванд, ки дар онњо зиёда аз 2000 нафар иштирок мекунанд. Чаро ханда ин ќадар маъмул гаштааст? Танњо аз он сабаб ки ханда умрро дароз мекунад. Ханда табъи инсонро болида мегардонад, ба сабукї ва пешгирии беморињо мусоидат мекунад. Масалан, беморони ВНМО ва саратон дар њолати табъи хубтар ба табобат вокуниш нишон медињанд. Дар асл, якчанд беморхона дар Фаронса, Швейтсария, Канада, Љопон ва Иёлоти Муттањида ин беморонро бо љаласањои терапияи ханда, табобат мекунанд. Терапияи ханда фишори хун ва људо шудани гормонњои ба ном серотонин, допамин, адреналин, эндорфинро бењтар мекунад. Ваќте ки ба шумо ин гармонњо намерасад, шумо ѓамгин, ноумед, меланхолик ва хира мешавед. Манфиатњои асосии табобати ханда инњоянд (дар сатњи психологї): - барои бо изтироб мубориза бурдан тавассути истироњат ва нафаскашї кумак мекунад; - стрессро аз њисоби људо шудани гармонњои хушбахтї коњиш медињад; - метавонад депрессияро рафъ кунад, зеро он ба одамон кумак мекунад, ки ба њаёт назари мусбї дошта бошанд; - мубориза бо дементия, суст кардани нишонањои онро таъмин менамояд. Тавре мебинед, терапияи ханда метавонад барои солимии рўњ кумак расонад. Аз ин рў, бикўшед, то табассум њељ гоњ лабонатонро тарк насозад ва бештар бихандеду шод бошед. Тањияи ГЕСЎ
ЗАМИН ХАЗИНА АСТУ ОБ ГАВЊАР Баробари дамидани субњ хуршед бо нурњои худ оламро мунаввар мегардонад. Об бошад, вуљуди оламу одамро пок сохта, њаёт мебахшад. Пас об сарчашмаи њаёт аст. Об-ин сароѓози шукуфоии дашт, гулу гулзорњо, ободии манзилњо ва амалї гаштани орзую умедњои инсон аст. То даме ки об њаст, њаёт, зиндагї, мењр ва муњаббат аст. Зебогии њаёт, њусну таровати он мањз ба туфайли об аст. Аз садои об, ки дар мављњои худ лаззати њаётро меорад, болотар суруди хуш ва оњанги фораме нест. Рангорангии табиати сењрангез, хандаи гулњои тар, сабзиши рустанї, навои обшор, мављи сабзи талу теппањо бо шарофати ин неъмати беназир аст. Њикмати халќро, ки “обрўшної” мегўянд медонем, пас имрўз аз шеваи дили дарё низ огањ мешавем, ки бо ин хомўшиву безабониаш дар дил чї розњо, чї гуфтанињо дорад.
Дарё мегўяд: “Ман он рўдеам, ки дар роњи пурпечутоб на санги рањро мешиносаму на соњилро. Ман он дарёи якраву пуршўр њастам, ки фаќат шеваи дилро мешиносам. Меравам аз миёни дарањои танг, мегурезам мисли љонвари аз шикор њаросида, намедонам, ки дар охир маро чї интизор аст. Валекин худ ба худ меситезам. Замоне мешавад, ки мисли шоир парешон мешаваму мехоњам аз тангї сўйи пањно гурезам ё мисли ошиќи дурикашида домани дашту даманњоро бигирам. Мехоњам дар даштњо парешон гардаму худро дар парешонї шиносам ва ба сад шохоб пора гардаму дили сахти заминро нарм созам. Њар як шохоби ман дар дашт мисоли панљањои дасти боз њасту њар як зарраи хок ба ман муњтољу њар ташнаро рўйи ниёз бар ман аст. Ман он рўдеам, ки мехоњам аз кўњи баланде бо амри њамеша ба пастињо раваму дар дашту сањро худамро гум кунам ва
аз ман њар кас боѓи зебо бунёд кунад. Ман худ медонам, ки оѓози ман аз санг аст, вале мехоњам анљоми ман фаќат гул бошад”... Зиндагиро њар кас ба таври худ тасаввур мекунад. Яке, бо бахту саодат, дигаре, бо ѓаму андуњ. Хулас, дар табиат инсон њамеша шоду чун гул доимо шукуфон нест. Шомгоњон хостам лаби дарё раваму нишинам ва бубинам он рўзи рафтаи худро ва дар хаму тоби дарё бубинам
ба чї монанд аст ожанги пешониам. Хостам аз дарё шоириро биёмўзам, зеро шеъраш обдору равон аст, зебогуфтор асту афсонаи ў њайратангез. Хулоса, об, њаќиќатан њам, поккунанда ва асоси њастист, чунончї: Ба мисли шиша шаффоф аст, Ба монанди само соф аст. Ба мисли ранг гулоб аст, Бале об аст, об аст. Албина МИРЗОКУЛОВА
Назаре ба таърихи диёр
НИШОНЕ АЗ ЊАЛЕВАРДИ БОСТОН Љалолиддини Балхї, яке аз ноњияњои вилояти Хатлон аст, ки дар љануби Тољикистон љойгир аст. Маркази ин ноњия, дар гузашта шањраки Балх буд, ки дар 32 км шањри Бохтар ва дар доманаи кўњ ва канораи рўди Вахш љой дорад. Ин шањрак то шањри Душанбе 132 км фосила дорад. Агар ба мавќеи љойгиршавии ноњияи Љалолиддини Балхї назар андозем, ин ноњия дар ќисми љанубу шарќии љумњурї, байни доманакўњи Ќизилтумшуќ ва канали Ќумсангири водии Вахш љойгир шуда, аз шимол бо ноњияњои Кўшониён ва Вахш, аз шарќ бо ноњияи Фархор, аз ѓарб бо ноњияи Дўстї ва аз љануб бо ноњияњои Љайњун ва Панљ њаммарз аст. Њудуди ноњия 905 км2 ро ташкил медињад. Ноњия 21 марти соли 1933 дар бахше аз вилояти Ќўрѓонтеппа дар Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон таъсис ёфтааст ва нахўстин бор ноњия номи Вахшро дошт. Љуѓрофидонон ва сайёњони арабизабон ва порсизабони асрњои миёна номи ин ноњияро Њалевард зикр кардаанд. Њалевард дар замони Сомониён яке аз ду шањри калони Вахшонзамин буда арку шањристон ва рабаз доштааст. Бинобар навиштаи соњиби “Њудуд-ул-олам мин-алМашриќ илал Маѓриб”: “Њалевард ќасабаи Вахш аст, шањрест бо кишту барзу рустоњои бисёр ва мардумони тирандозу љангї”. Њелевард аз ду вожа дар забони эронии бостон сохта шудааст, ки аз hada-“аз”+ varta- “санг” ва маънии он “сохта шуда аз санг” яъне, “шањри сангї” аст. Бозёфтњои
бостоншиносии шањри ќадимаи Њалевард далолат ба он мекунад, ки он дар замони Кўшониён падид омада, дар асрњои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шањрро мардумонаш аз њамон даврон ба киштукор машѓул шуда, бар замми ин онњо барои њимояи марзу бумашон аз санъати љангї низ бархурдор буданд, яъне далели ќотеъї ин гуфтањо камонвар будани онњо мебошад. Шањри Њелевардро дар соли 750 милодї истилогарони араб бо душворињои зиёд – бо талафоти калон забт намуда, онро Кофирќалъа номиданд. Бостоншиносон соли 1960 харобањои ин шањри ќадимаро дар канораи ѓарбии ноњия ёфтаанд, ки 12 га масоњат дорад. Маркази Вахшонзамин ба шањре кўчонида шуд, ки 12 км шимолу ѓарбтар аз харобањои Кофирќалъа дар канори рўди Вахш љой дошт. Дар асрњои миёна ин шањр низ Њалевард ном доштааст ва харобањои он њамакнун бо номи “Золи Зар” назди дењаи Узун, дар канори чапи рўди Вахш, 12 км дуртар аз ноњия ва 23 км дуртар аз шањри Бохтар боќї мондааст. Бозёфтњои бостоншиносї гувоњанд, ки дења дар љойи харобањои кунунии Золи Зар дар асрњои III-IV мелодї бунёд ёфтааст. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Њалеварди якум, ин дења дар асрњои X-XIII шањри калон гардид ва то њамлаи муѓул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён ин шањр ба харобазор табил ёфтааст. 11июни соли 1954 Кагоновичобод рас-
ман маркази маъмурии ноњия эълон мешавад. 3 июни соли 1957 шањраки Кагоновичобод ба хотири ободгарони водии Вахш, ки аз шимоли Тољикистон кўчонда шуда буданд, нахустин калхозњоро дар водии Вахш ташкил карданд ва номи Колхозободро гирифт. 10 январи соли 1991 шањрак ба ёди Сирољиддин Исоев - Ќањрамони мењнати сотсиалистї-яке аз ободгарони водии Вахш, ки 28 сол раисии ин ноњияро ба уњда дошт, гузошта шуд. Аз соли 2016 ба хотири гиромидошти нобиѓаи адабиёти классикии тољику форс Мавлоно Љалолиддини Балхї ба ноњия номи Љалолиддини Балхї дода мешавад. Сохтори таркибии ноњияи Љалолиддини Балхї аз 8 љамоатњои шањраку дењот иборатанд: шањракњои Балх ва Гулистон, љамоатњои дењоти Њалевард, Маданият, Навобод, Калинин, Фрунзе ва Узун. Дар ноњия 71 кўча ва 85 дења мебошад. Ноњияи Љалолиддини Балхї дорои мавзеъњои љолиби сайёњї ва инфрасохтори хизматрасонї мебошад. Ќобили зикр аст, ки муаррификунандаи таъриху фарњанг осорхонањо ба шумор мераванд. Аз соли 1985 дар ноњия Осорхонаи таъриху- кишваршиносї фаъолият менамояд, ки дар он њоло 1846 нигораи таърихї ва фарњангї нигоњ дошта мешаванд. Зулфия АЗИЗОВА, магистранти ДДБ ба номи Носири Хусрав
ЭЪЛОН
Мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї дар кумитањои идораи замини вилоят ва шањру ноњияњои вилояти Хатлон р/т
Номгўйи шањру ноњияњо
Мансаб
Музди маош
1
Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї)
Сармутахассис
1032,0
2
Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї)
Мутахассиси пешбар (як воњиди корї)
846,0
3
Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї)
Мутахассиси пешбар (як воњиди корї)
846,0
4
Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї)
Мутахассиси пешбар (як воњиди корї)
846,0
5
Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї)
Мутахассиси пешбар (як воњиди корї)
846,0
6
Кумитаи идораи замини шањри Бохтар
Сармутахассис (як воњиди корї)
936,00
7
Кумитаи идораи замини шањри Левакант
Мутахассиси пешбар (як воњиди корї)
768,00
8
Кумитаи идораи замини ноњияи Кўшониён
Мутахассис (як воњиди корї)
630,00
9
Кумитаи идораи замини ноњияи Н. Хусрав
Мутахассис (як воњиди корї)
630,00
10
Кумитаи идораи замини ноњияи Вахш
Сармутахассис (як воњиди корї)
936,00
Суроѓаи ќабули њуљљатњо: шањри Бохтар, кўчаи Б. Ѓафуров 6 “А”, Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон. Телефон барои маълумот: (83222) 2-54-94.
ЭЪТИБОР НАДОРАД Сертификати гумшудаи њуќуќи истифодаи замин, ки онро 19 июни соли 2015 тањти дараљаи А №0504349 Кумитаи идораи замини ноњияи Вахш, дар асоси ќарори раиси ноњияи Вахш, барои истифодаи якумраи меросї ба истифодабаранда Иброњимов Њасан, сокини Љамоати дењоти “Машъал”-и ноњияи Вахш додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи силсилаи ТСИ №0011202, ки онро соли 2004 ДДЌ ба номи Носири Хусрав (њоло Муассисаи давлатии таълимии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) факултаи иќтисодї, бо ихтисоси молия ва ќарз ба Валиев Фирдавс Сирољович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи Т-ШТУ №0638683, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2013 МТМУ №6-и шањри Бохтар (собиќ
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Ќўрѓонтеппа) ба Љалилова Нилуфар Наимљоновна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи Т-АТА №041412, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2011 МТМУ №32-и ба номи Д. Рањмоналиеви шањри Кўлоб ба Шукронаи Бобохон додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи Т-АТУ №03348888 дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2016 МТМУ №27-и ноњияи Кўшониён ба Гулов Њусейн Ќудратулоевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи силсилаи БП №863444, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1981 МТМУ №43-и ноњияи Кўшониён ба Болтаев Абдужабор Эргашевич додааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Љамолиддин САЙФИДДИНОВ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ
Рўзнома дар чопхонаи «Мега-Принт»-и шањри Душанбе ба табъ расидааст. Ба чопаш 31.03.2021 иљозат дода шуд. Адади нашр: 11272 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896