Skip to main content

Рузномаи Хатлон шумораи №10-2021

Page 1

РЎЗИ МОДАР МУБОРАК, ЊАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №10 (3299)

www.khatlon-ruznoma.tj

ЉУМЪА, 5 марти соли 2021

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Дар сиёсати иљтимоии давлату Њукумати Тољикистон ба масъалаи баланд бардоштани маќоми занону бонувон дар њаёти љомеа диќќати љиддї дода мешавад. Мувофиќи натиљањои интихоботи соли 2020 ба Маљлиси миллии Маљлиси Олї 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маљлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта ќариб 4 фоиз зиёд мебошад. ...Њукумати мамлакат ташаббусњои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирї карда, ба хотири љалби бештари онњо ба вазифањои роњбарикунанда тадбирњои иловагиро амалї мегардонад. (Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 январи соли 2021)

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ МОДАР Модарону хоњарони азиз! Фарорасии Рўзи модарро ба кулли модарону бонувони Хатлонзамин, ки дар домони сабзи худ фарзандони бонангу номуси миллатро ба воя расонидаанд, бо самимияти хос муборакбод гуфта, бароятон сарфарозиву сарбаландї, саломатии бардавом ва рўзгори босаодатро таманно дорам.

Аз љониби Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љашни расмии давлатї эълон шудани Рўзи модар дар Тољикистон гувоњи равшани маќому манзалати баланди бонувону модарони азиз дар љомеаи мо мебошад. Зан-модар сарчашмаи мењру вафо, олињаи зебої, рамзи ишќи љовидонї, нахустин мураббї ва муаллими фарзанд мебошад. Тору пуди модарон аз риштаи мењру садоќат бофта шудааст. Бузургии зан-модар, пеш аз њама, дар он таљассум меёбад, ки ў чароѓи хонадон, идомадињандаи насл, нигоњдорандаи забон, таърих ва фарњанги миллї аст. Занону модарони бонангу номуси мо дар тањкими давлат, истиќлолият, сулњу субот ва вањдати миллї сањми бисёр арзишманд гузоштанд. Дар љараёни нињоят њассоси баргу-

зории Иљлосияи таќдирсози 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон мањз матонату ќавиазмии занон наќши шоиста дошт. Метавон дар ин маврид аз корнамоиву хизматњои ватандоронаи занону бонувони фаъоли Хатлонзамин, ки аксаран ходимони љамъиятиву сиёсї, Ќањрамони мењнати сотсиалистї њисоб меёфтанд, ба монанди Низорамоњ Зарипова, Адолат Рањмонова, Гавњарбї Пиракова, Саодат Амиршоева, Муњаббат Азизова, Ќиматгул Рустамова ва дањњо нафари дигарро бо ифтихор ёд овард. Рўзгори ин бонувони ватандору ватансоз мояи ибрати њар як бонуи тољик мањсуб меёбад. Њамин неруву љасорати занонро ба инобат гирифта, бо маќсади тавсеаи њарчи бештари нуфузи онњо Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон фармони таърихии худро «Дар бораи тадбирњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа» ба имзо расониданд, ки барои боз њам фаъолтар шудани наќши занон заминаи боэътимод фароњам овард. Ќабул гаштани фармони мазкур такони бузург дар самти таќвияти сиёсати гендерї дар кишвар гардида, роњро дар масири сиёсату роњбарї барои занон дар њама соњањои њаёти љомеа кушоду фарох гардонид. Њамин аст, ки имрўз аз шумораи 196 њазору 858 нафар занњои коргари вилояти Хатлон 9833 нафарашон дар вазифањои роњбарикунанда фаъолият мекунанд. Аз 3002 воњиди кории хизматчиёни давлатии амалкунанда дар 463 воњиди корї занон кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 203 нафар (21%) занону духтарони лаёќатманд дар вазифањои роњбарикунандаи хизмати давлатї айни замон фаъолияти босамар доранд. Зиёда аз 50%-и шумораи умумии омўзгорон ва 72,6%-и кормандони соњаи тандурустии вилоятро бонувон ташкил медињанд. Рушди ин ду соњаи муњимми иљтимоиро бе иштироки бонувони мењнатќарини мо тасаввур кардан имконпазир нест. Воќеияти имрўза нишон медињад, ки дањњо нафар занони боиродаи мо ба њайси аъзои Њукумат ва парламент, вакилони Маљлисњои вакилони халќи вилоят ва шањру ноњияњо, роњбарони шањру ноњия ва ташкилоту муассисањои љумњуриявї, вилоятї, шањриву

ноњиявї, раисони љамоатњои шањраку дењот, раисони хољагињои дењќонї фаъолият намуда истодаанд, ки ёдоварї аз кори пурмањсули онњо боиси ифтихору сарбаландии њамаи мост. Роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иљрои дастуру супоришњои Пешвои муаззами миллат љињати тавсеа бахшидани мавќеи занон дар љомеа пайваста чораандешї менамояд ва мушкилињои дар ин самт љойдоштаро сари ваќт баррасї намуда, оид ба њалли онњо тадбирњои амалї меандешад. Дар њаќиќат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар баробари сиёсати одилонаву оќилона ва муваффаќашон нисбат ба мавќеи зан-модар таваљљуњи хосса ва некбинона доранд. Аз ин љост, ки имрўз бонувони тољик сиёсатмадор, табиб, муњандис, олиму варзишгар, роњбар, омўзгор аст. Тавре ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат таъкид медоранд, мењру муњаббати занони тољик аз ќаъри асрњо сарчашма гирифта, бо тору пуди љашни бузурги миллиамон - Наврўз омезиш ёфта, ба гулњои њамешабањори Тољикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул љањонро зебої мебахшанд. Воќеан, тавъам омадани ин ду љашн Рўзи модар ва Наврўзи оламафрўз дар диёри мо худ рамзи бањори шукуфони сарзамини аљдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва бањори зиндагии башар аст. Итминон дорам, ки модарону бонувони арљманди тољик дар ин соли таърихї 30-юмин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо азми дучанд суннати ободгариву покизарўзгорї, тарбияи шоистаи фарзандонро идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромиву суботи љомеаи кишвар ва пешрафти давлати соњибистиќлоламон наќши пурарзиш мегузоранд. Бо њамин нияту орзуњои нек њамаи шумо, модарону бонувони гиромиро ба муносибати љашни фархундаатон самимона табрику тањният гуфта, ба шумову ањли хонаводаатон бахту саодат, ободиву осоиш ва хушњоливу хушрўзї орзу менамоям. Љашн муборак бошад, модарон ва бонувони азиз!

Мењрнома

АЗ ПЕШВОИ ЃАМХОРАМОН МЕФАХРЕМ 26-уми январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии кишвар ироа гардид, ки дар он масъалањо оид ба пешрафти њамаи соњањо ва иќдомњои нави Њукумати кишвар мавриди баррасї ќарор гирифт. -Њар як иќдоми наљибонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон завќу раѓбатамро ба тањсил зиёд мегардонад,- изњор дошт Комила

Рабиева, донишљўи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. - Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки њар сол стипендияи мо-донишљўён давра ба давра зиёд гардида истодааст, ки ин њам аз ѓамхорињои доимии Пешвои муаззами миллат мебошад. Мо-љавонон миннатдории бепоёни худро ба Эмомалї Рањмон баён менамоем ва љавобан ба ин ѓамхорињо кўшиш ба харљ дода, дар њамаи чорабинињои донишгоњу љумњуриявї фаъолона ширкат меварзем ва дар оянда мутахассиси варзидаи соњаи худ

мешавем, - афзуд мавсуф. -Мехоњам аз њамаи имкониятњое, ки имрўз Пешвои миллат барои мо -љавонон фароњам овардааст, истифода бурда, барои халќу ватан ва наслњои минбаъда сањми арзандаи хешро гузорам,-мегўяд Чилахон Назаров, донишљўйи бахши сеюми ихтисоси забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав.Махсусан дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба соњаи илму маориф ањамияти хоса дода, ба-

рои боз њам баланд бардоштани сатњи донишандўзии наврасону љавонон таъкид ба амал оварданд. Мо-љавонони даврони соњибистиќлолии кишвар аз ѓамхорињои Сарвари илмдўсту бофарњанг сипосгузорем. Чилахон таъкиду пешнињодњои Президенти кишварро сармашќи кори худ карда, дар зодгоњи худ-ноњияи Хуросон маркази забономўзї кушодан мехоњад, то ин ки ихтисосашро такмил дода, њамсолон ва наслњои љавон бомаърифату забондон гарданд. Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»

МУЛОЌОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ВИЛОЯТИ ХУРОСОНИ РАЗАВИИ ЭРОН 23 феврал раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар шањри Душанбе бо раиси вилояти Хуросони Разавии Љумњурии Исломии Эрон Муњаммадсодиќ Муътамадиён мулоќот анљом дод. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ташрифи раиси вилояти Хуросонро ба Љумњурии Тољикистон хайрамаќдам гуфта, изњор дошт, ки њамкорињои фарњангии ду кишвар аз таърихи ќадим сарчашма гирифта, Тољикистону Эрон ду кишвари њамзабону њамфарњанг ва дорои пайвандњои таърихию меросї мебошанд. Ќайд гардид, ки моњи декабри соли 2019 собиќ раиси вилояти Хуросони Разавї љаноби Алиризо Размњусейнї аз вилояти Хатлон боздид карда буд ва ба имзо расонии ёддошти тафоњум байни вилояти Хатлон ва вилояти Хуросони Разавї оид ба њамкорињои иќтисодї, фарњангї, илмї ва сайњї мавриди баррасї ќарор гирифта буд. Ќурбон Њакимзода зимни мулоќот доир ба тавонмандињои кишоварзию саноатї ва табиии вилояти Хатлон маълумот дод. - Соли 2020 њаљми истењсоли саноатї ба 8,8 миллиард сомонї расида, аз њисоби соњибкорони вилояти Хатлон 619 корхонаву коргоњњо бунёд гардид, - зикр намуд Ќурбон Њакимзода. - Дар вилоят ба ислоњот ва рушди соњаи кишоварзї ањамияти зарурї дода шуда, то њол зиёда аз 68 њазор њољагии дењќонї таъсис дода шудааст. Њаљми истењсоли мањсулоти соњаи кишоварзї дар соли 2020 ба 17 миллиард сомонї баробар мебошад, ки нисбати соли 2019-ум 1,5 миллиард ё ин ки 9,4 фоиз зиёд шудааст. Дар соли 2020 аз ќаламрави вилояти Хатлон 110 њазор тонна молу мањсулоти кишоварзї ба хориљи мамлакат содирот гардид. Айни њол вилояти Хатлон бо минтаќањои 34 давлати дуру наздик њамкорињои судманди иќтисодиву тиљоратиро ба роњ мондааст. Гардиши савдои хориљї дар соли 2020-ум 310 миллион долларро ташкил дод, ки содирот ба 143 миллион доллар ва воридоти молу мањсулот ба 165 миллион доллари амрикої баробар шудааст. Дар мулоќот зикр гардид, ки соли 2020 гардиши савдои хориљии вилояти Хатлон бо Љумњурии Исломии Эрон 4,5 миллион долларро ташкил медињад. Љонибњо барои боз њам афзоиш додани ин нишондод

изњори алоќамандї карданд. Раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон Муњаммадсодиќ Муътамадиён ќайд кард, ки бо вуљуди он ки бори аввал ба Тољикистон сафар кардааст, дар ин љо эњсоси ѓурбат намекунад ва аз пазироии љониби Тољикистон изњори сипос намуд. Зимни муаррифии потенсиали вилояти Хуросони Разавї аз љумла ќайд намуд, ки дар ин минтаќаи дорои беш аз 7 миллион ањолии Эрон ду минтаќаи вижаи иќтисодї мављуданд, ки ба зудї маќоми минтаќањои озоди иќтисодиро касб хоњанд кард. Вилояти Хуросони Разавї дар Эрон аз љињати истењсоли гўшти мурѓ дар маќоми чорум ва истењсоли тухми он дар маќоми дувум ќарор дорад. 75% заъфарони дунё дар Хуросони Разавї мерўяд. Раисони вилоятњои Хатлон Ќурбон Њакимзода ва Хуросони Разавї Муњаммадсодиќ Муътамадиён доир ба имконияти роњандозї ва вусъатбахшии њамкорї дар соњањои коркарди пўсту пашми чор-

во, истењсоли маводи доруворї аз гиёњњои табиї, бунёди корхонањои муштараки коркард ва бандубасти мањсулоти кишоварзї, омўзиши таљрибаи байнињамдигарии соњибкорон табодули назар карданд. Љонибњо алоќамандии худро љињати тањкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуљониба дар самтњои гуногуни мавриди таваљљуњи тарафайн, аз љумла дар соњањои аграрї, иќтисодї, фарњангї, илмї ва сайёњї иброз намуданд. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

ОЗМУНИ «ЧАКОМАИ ГЕСУ»

Мардуми шарафманду бофарњанги диёр имсол 30-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистонро љашн мегиранд. Оид ба омодагии њамаљониба ба ин санаи муњим наќша-чорабинињо тасдиќ гардид, ки дар асоси он дар баробари корњои бунёдкориву созандагї дањњо чорабинињои фарњангї тарњрезї мешавад. Баргузории фестивали “Чакомаи гесу” низ аз шумули инњост. Њадаф аз баргузории фестивали мазкур пеш аз њама ороишу парвариши мўй ва эњёи фарњангу анъана ва њунари волои ниёкон мебошад. Аз ќадим оид ба мўйи дарози модарону духтарони тољик ќиссаву ривоят, шеъру достонњои зиёде эљод менамуданд, ки њусни малоњати бонувонро инъикос менамояд. Афсонаи “Робияи чилгазамўй”ро аз забони модарбузургонамон дар хурдї шунидаем. Накњати гесувони хушбўйи модарро њар як фарзанд бо тамоми вуљудаш эњсос кардааст. То њанўз дар ёд дорам, ки чи гуна модарон ба парвариши гесувони худу духтарон диќќати љиддї дода, майдабофї мекарданду бо усули хос ороиш медоданд. Њангоми баргузории фестивали љумњуриявии “Чакомаи гесу” дар маркази вилояти Хатлоншањри Бохтар тамошобинону иштирокдорони чорабинї бори

дигар эњсос карданд, ки модарону духтарони хушмўйи тољик ин ќадар зебову бомалоњатанд. Дар даври вилоятии фестивал намояндагони 25 шањру навоњї, ки дар даври ноњиявї пирўзї ба даст оварда буданд, ширкат варзиданд.

Воќеан, сањна аз зебоиву латофати гулдухтарону модарони банури чаканпўш нурафшон гашта буд. Бонувон бо либосњои хушдўхт, мўйњои дарози ороишёфта, тањти навою сурудњои халќї ба сањна ворид мегарди-

данд. Гесувони дарози бонувон заминро бўса мезаду аз зебогиву назокати тољикона ќисса мегуфт. Суруду таронањои халќї, навоњои дилангез ба фестивали “Чакомаи гесу” шањомати хоса бахшид. Ба модарони чаканпўшу гесувони дарозу чолбандњои зебои муњрагин менигарему ањсант мехонем ба ин зебоофарон. Дарк менамоем, ки чаро аз ќадим занону модарон ба мўйњои хеш чолбандњои нуќрадору муњрадор мебофтаанд. Ин усул ба занњо имкон медод, ки бо вазни чолбанд сару гардани худро боло нигањ доранд, њам ќоматашон пайваста рост бошад, њам намегузоштанд, ки сутунмуњра каљ гардида, ба солимии онњо зиёне расад. Бо тамошои ин њама зебогињо кас ба хулосае меояд, ки њар як анъанаву њунар, тарзи либоспўшиву рўймолбандї, ороиши мўйу рўйи бонувони тољик садњо асрори

нуњуфтае дар худ нињон дорад, ки аз љониби дастандаркорон тањќиќу баррасии бештареро ниёз дорад. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»


2

ХАТЛОН

ЉУМЪА, 5 марти соли 2021, №10 (3299)

Сад љону дил фидои як муддаои модар, Фатњу кушоиш орад, дасти дуои модар. САОДАТМАНДИИ ЗАНОНИ ТОЉИКОМИЛИ ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ВАТАН «Занон дар љомеаи имрўзаи мо наќш ва мавќеи басо муњим доранд. Кадом мушкилоти дорои моњияти иљтимоиро нагирем, њаллу фасли онњоро бе иштироки фаъолонаи занон, назардошти фикру андешаи онњо тасаввур кардан душвор аст». Эмомалї РАЊМОН Айёми истиќлолият ба занону духтарони тољик рўњу тавон ва ќудрат, назокату таровати тоза ато бинмудааст. Њукумати мамлакат бо маќсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавќеи онњо дар љомеа як силсила тадбирњои судмандро амалї гардонид. Истиќлолияти давлатї љињати таъмини мавќеи устувори зан-модар дар љомеа њамаи имкониятњоро фароњам овард ва занони ќавииродаву бољасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Сол то сол бењтар гардидани шароити рўзгору мењнат, баланд рафтани маќому мартабаи зан дар љомеа, такомули дунёи маънавии онњо, ба тањсил фаро гирифтани духтарон, хосса фарзандони минтаќањои дур, шинохти рисолати зан-модар, замири сарчашмаи њаёт ва баќои умру номи неки инсон, файзу баракат, њама аз ибтикору талошњои пайвастаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад. Занону модарони бонангу номуси мо њанўз дар даврони нињоят мушкили оѓози истиќлолият обрў ва шарафи мамлакатро нигоњ доштанд, ба хотири њифзи њуќуќи худ мисли Гурдофаридњо ба ќиём баромаданд, дар тањкими давлат, сулњу субот ва вањдати миллї сањми бисёр арзишманд гузоштанд. Дар љараёни нињоят њассоси баргузории Иљлосияи таќдирсози XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон мањз матонату ќавиазмии занон наќши шоиста дошт.

Сокинони вилояти овозадори Хатлон бо модарону бонувони шуњратмандашон, ки соњибиззату беназир буданд, ифтихор доранд. Ягон соњае нест, ки бе њузури занон муваффаќ шуда бошад. Роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иљрои дастуру супоришњои Пешвои муаззами миллат љињати тавсеа бахшидани мавќеи занон дар љомеа пайваста чораандешї менамояд ва мушкилињои дар ин самт љойдоштаро сари ваќт баррасї намуда, оид ба њалли онњо тадбирњои амалї меандешад. Дар соњаи њаётан муњимми љомеамаориф, ки заминагузори ташаккули неруи бузурги инсонї мебошад, 23144 нафар бонувон, бањри ташаккули шахсиятњои комил, тарбияи ворисони арзандаи сарзамину миллат, фарзандони бонангу номус сањми калон гузошта истодаанд. Дар пешбурди фаъолияти соњаи тандурустии вилоят низ мавќеи занон мењварї буда, теъдоди онњо дар ин соња беш аз 70 фоиз (23717 нафар)-ро ташкил медињад. Ќалби шахси бемор, ки ба навозиш ва мењрубонї ниёзи беандоза дорад, аз муносибати дилсўзона ва њакимонаи бонувони табиби мо ба зиндагї дилгарм гашта, бањри шифои худ давое меёбад. Шумораи занон дар соњаи илм низ сол то сол меафзояд. Дар вилоят аз 378 нафар олимони дараљаи илмидор 78 нафарашонро занон (20,1%) ташкил медињанд, аз љумла 3 нафар зан доктори илм, профес-

сор, 75 нафар номзади илм, аз ин 28 нафар дотсент мебошанд. Чуноне ки њамагон медонем, дар кишварамон солњои 2019-2021 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гаштааст. Ба маќсади дастгирї аз ин раванд дар вилоят њамасола фестивалу озмунњо, намоишњои марбут ба рушди њунарњои мардумї сурат мегиранд, ки ин бањри рушд ва њифзу густариши мероси фарњанги ѓайримоддии халќи тољик мусоидат мекунанд. Алњол, дар вилоят њунармандї рушду нумўъ ёфта, шумораи занони њунарманд сол то сол афзуда истодааст. Теъдоди занон ва оилањои њунарманд имрўз ба њазорњо нафар мерасад. Дар баробари ин, ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар сатњи вилоят корњои зиёди ободониву созандагї бомаром љараён дошта, бонувони масъулиятшиносу зебопараст, дар раванди корњои созандагї пешсафу намунаи ибратанд. Дар маљмўъ, аз соли 2011-ум то имрўз 241 нафар занони соњибкори шањру ноњияњои вилоят ба маблаѓи 6 миллиону 370 њазор сомонї сазовори грантњои маќсадноки Президенти Љумњурии Тољикистон гардида, дар таъсиси љойњои нави корї ва рушди соњибкории хурду миёна сањми босазо гузоштанд. Њамчунин, тайи солњои 2016-2020 105 нафар занону бонувон соњиби гранти раиси вилояти Хатлон (ба маблаѓи умумї 1 миллиону 250 њазор сомонї) гардиданд, ки аксари лоињањои онњо ба фаъолияти њунарњои мардумї, аз ќабили таъсиси сехњои чакандўзї, дўзандагї, атласу адрасбофї, гулдонбофї ва ѓайрањо нигаронида шудааст. Дар натиљаи татбиќи лоињањои мазкур зиёда аз 1900 нафар

Аз сањифањои таърих

АВРОЌИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОЊИБИСТИЌЛОЛЇ

Фирўза Шарифї, муовини раиси вилояти Хатлон бо љойи кор таъмин ва 2576 нафар ба касбомўзї фаро гирифта шуданд. Сариштакорї омили асосии боло бурдани сатњи зиндагї ва фароњам овардани шароити арзандаву шоиста мебошад. Аксар њолатњо ба мушоњида мерасад, ки исрофкорї ва зиёдаравии модарону бонувони мо ба касодии буља расонида, шароити таълимгирї ва рушди кўдаконро дар оила мањдуд месозад. Мутмаинам, ки занону бонувони азизи мо меъёрњои ќонуни танзими анъана ва љашну маросимро риоя намуда, бањри афзудани файзу баракат дар зиндагиашон мусоидат намоянд. Бо ќаноатмандї гуфта метавонем, ки имрўзњо фаъолияти занону бонувон дар њама соњањо назаррас буда, махсусан дар эњёи њунарњои миллї, пешгом мебошанд. Ба ин хотир, мо - занону бонувон бањри мустањкам ва пойдории сулњу осоиштагии кишвари мањбубамон мебояд аз њарваќта дида масъул бошем. Зеро рушду инкишофи тамоми самтњои муњими хољагии халќи мамлакат аз зиракиву њушёрї, бурдбориву суботкории занону бонувон маншаъ гирифта, дар пойдории вањдат, Истиќлолияти давлатї, арљгузорї ба арзишњои миллї, мустањкамии њувияти миллї наќши созгоре ба ёдгор мемонанд.

ЌАЛБИ ПУР АЗ МЕЊР

Дар бораи зан - модар њарчи ќадар нависем кам њасту зиёд не. Зеро онњо ба њар сухану њар каломи воло арзандаанд. Онњо давомдињандаи зиндагї, њаёти љовидонї ба шумор мераванд. Баробари ба дунё овардани насли одамї дар ќатори мардон мењнат мекунанд, зањмат мекашанд. Имрўз зан – модар роњбар, омўзгор, табиб, муњандису ронанда, корманди соњаи барќ, њуќуќу милитсия, хуллас дар њар як љабњаи истењсолї ва хизматрасонї наќши дастони ўро дидан мумкин аст. Рўзигул Ќурбонзода, аз љумлаи онњост. Имрўз ў мудирии бахши занон ва кор бо оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Балљувонро

ба уњда дорад. Соњиби чор фарзанд-духтаронаш Адибаву Оиша омўзгор, писараш Наимљон баъди хатми Донишгоњи давлатии шањри Кўлоб дар хизмати њарбї ва писари хурдиаш Љањонгир бошад, хонандаи мактаби миёна аст. Рўзигул Ќурбонова баъди хатми мактаби миёна солњои 1983-1987 дар Донишгоњи давлатии шањри Кўлоб тањсил намуда, бо роњхати донишгоњ ба кумитаи комсомолии ноњияи Восеъ ба кор омад. Дар ин љо ба њайси мудири шуъбаи кор бо мактабњо фаъолият намудааст. Кор дар комсомол ќобилияту истеъдод, кордонии ўро хеле боло бардошт, санъати роњбариро дар ќалби ин духтараки љавон эњё намуд. Баъдан чанд муддат дар ноњияи Љалолиддини Балхї (собиќ Колхозобод) ба њайси сармураббї, љонишини директор фаъолият намуду боз ба ноњияи Восеъ баргашт. То соли 2018 раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Восеъ буд. Бо фаъолони ноњия, шуъбањои маќомоти иљроияи ноњия, маориф, фарњанг њамкории доимї дошт. Кўшиш менамуд, ки дар њамдастї бо онњо чорабинињои

сиёсї дар сатњи баланд гузарад. Ва ба ин муваффаќ мегардид. Мекўшид ба муњтољону дардмандон, њамчунин, хона- интернату боѓчаи дардмандони «Ситора» ёрї расонад. Аз њисоби Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњия, љалби соњибкорону шахсони боњиммат рўзњои иду лањзањои зарурї ба онњо туњфањо таќдим менамуд. Фаъолияти хуби роњбариашро ба назар гирифта, собиќ раиси ноњияи Балљувон Маърифатбону Зоирова (алъон муовини аввали раиси њамин ноњия), Рўзигулро ба кор даъват намуд. Ба уњда гирифтани роњбарии бахши занон ва кор бо оилаи маќомоти иљроияи Њокимияти давлатии ноњияро таклиф намуд. Не нагуфт, Рўзигул. Зеро бо чунин роњбар кор кардан шараф ва ифтихор аст. Ва то кунун масъулияти роњбарии ин бахшро ба уњда дорад. Ноњияи Балљувон ноњияи куњї аст. 32 њазор ањолї дорад, ки аз ин шумор 16132 нафарашро занону духтарон ташкил медињад. Дар њудуди ноњия 5 љамоат мављуд буда, онњо 104 дењаро муттањид менамоянд. Албатта, кор бо занону оилаи ин миќдор дења осон нест. Вале Рўзигул ваќт

ЊИКМАТИ ЗАН ВА ЗАМИН Дар даврони соњибистиќлолии мамлакат дар радифи тарбияву љобаљогузории бонувони лаёќатманд дар вазифањои гуногуни соњаи хизмати давлатї, инчунин, њазорњо нафар бонувони соњибтаљриба хољагињои дењќонї таъсис дода, бо бунёди боѓу токзорњо ва бахшњои гуногуни кишоварзї љињати таъмини амнияти озуќавории кишвар сањми арзандаи худро мегузоранд. Нигораи Абдурањим, як тан аз сокинони дењаи Мирзо Турсунзодаи Љамоати дењоти “Заргар”-и ноњияи Кўшониён баъди солиёни зиёди кор дар муњољирати мењнатї дар Федератсияи Россия ба ватан баргашта ва тасмим мегирад, аз њисоби сањмияи замини ањли оилаашон хољагии дењќонї таъсис дињад. - Соли 2009 ваќте барои таъсис додани хољагии дењќонї ба маќомоти мањаллї мурољиат намудем, барои аз худ кардани марзњои имрўзаи хољагии дењќонии мо даъвогарони дигар њам пайдо шуданд. Њол он ки бо сабабњои гуногун ќарзњои ин ќитъањои замин аз андоз ва маблаѓгузории сармоягузорон сол аз сол афзоиш ёфта, касе имконияту хоњиши пардохти

ин ќарзњоро надошт,- ба хотир меорад Нигораи Абдурањим. – Ањли хонаводаи мо, ки баъди ранљу зањмати зиёди муњољират маблаѓи кифоя захира карда будем, дар заминаи 2 гектар сањмияњои ањли хонаводаамон хољагии дењќонии “Нигораи Абдурањим”-ро таъсис дода, дар марзњои он 800 бех нињолњои олуву зардолу, анору чандин навъњои хушсифати бодому гелос шинондем. То бузургтар гаштани нињолон ва њосилдењ шудани боѓистони хољагиамон дар растањои озоди он тамоми намуди сабзавоту полезињо кишт намуда, аз даромади софи он шароити зиндагиро бењтар мекардем. Баъди зањмати чандинсола ва сарфи маблаѓњои зиёд боѓи хољагии дењќонии “Нигораи Абдурањим” ба њосил даромад. Чун роњбарии хољагиро Нигора худ бар зимма дошт, васияти падари шодравонашро пеши рў оварда, нахуст аз њисоби даромади хољагї сатњи зиндагии оиларо бењтар карда, баъдан, хонаву дари падариашро обод гардонид. Сол аз сол аз њисоби њосилнокии дарахтони боѓи хољагї ва марзњои озоди он фоидаи бештар бардошта, барои

бародару хоњаронаш манзилњои истиќоматї бунёд намуд. Ба гуфти Нигора, хољагии дењќонии онњо манбаъи пешбурди рўзгори 6 оилаи љавон мебошад, ки љамъ бо фарзандонашон 33 нафарро ташкил медињанд. -Дар ин миён, ба мушкилу сарборињои рўзгор нигоњ накарда, нахуст шуъбаи ѓоибонаи факултаи забон ва адабиёт ва баъдан, дар рафти пешбурди хољагии дењќонї, факултаи иќтисодии ДДБ ба номи Носири Хусравро хатм карда, соњиби ду маълумоти олї шудам,- мегўяд Нигораи Абдурањим. – Ёд дорам дар солњое, ки тариќи роњи мошингарди Душанбе- Хуљанд то Федератсияи Руссия равуо

ёфта, аз њоли онњо хабар мегирад, суњбату вохўрињо мегузаронад. Ва худ танњо не, бо дастгирии фаъолону ташкилотњои љамъиятї, масъулини бахшњои фарњанг, њамчунин, Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњия, бахши кор бо љавонон ва варзиш, бахши танзим ва њамчунин, кормандони њифзи њуќуќ суњбату вохўрињоро анљом медињад. Ў хуб медонад, ки таъсири кори дастаљамъона бештар аст. Рўзигул њамчун масъули бахши кор бо занон ва оила кўшиш менамояд, ки дар кори мустањкам намудани оилањои љавон, пешгирии низову хархаша байни хонавода, њамсоядорї сањме бигирад. Ба ин то андозае ноил мегардад. Рўзе ба дафтари кориаш зане меояд. Аз домодаш шикоят карда, масъала мегузорад духтарашро, ки се моњ боз дар хонаи ў зиндагї мекунанд, аз шавњараш људо кунанд. Рўзигул не нагуфт. Ваъда дод, ки њал мекунем. Сипас, дар алоњидагї бо зану шавњар суњбат орост. Њис кард, ки њарду аз амалашон пушаймонанд. - Дар љараёни суњбат маълум гардид, ки њарду розианд то якљо бошанд. Инро ашки чашмони зану шавњар, ки аз хурсандиву

доштем, боѓистону марзњои сарсабзу њосилдењи ноњияњои вилояти Суѓдро дида, орзу мекардам, ки мо-сокинони вилояти Хатлон њам ба боѓдориву сабзавоткорї таваљљуњи бештар карда, дигар ба муњољирати мењнатї наравем. Дарвоќеъ, баъди амалї гардидани орзуњоямон бори дигар боварї њосил намудам, ки замин натанњо манбаи таъминоти рўзгор, балки мояи сарватманд шудани њар яки мо шуда метавонад. Аммо барои аз ин хоки зархез њосили дилхоњ гирифтан, зањмати содиќонаву кўшишу љањду талоши пайваста мебояд. Нигораи Абдурањим бо шукргузорї аз даврони соњибистиќлолии кишвар ва фароњам гардидани шароиту имкониятњо љињати дастрасии сокинони дењот ба замин ва дигар манбањои иќтисодї, сањмгузорї дар рушду нумуи дењу ободонии ватанро мароми ояндаи худ дар зиндагї мешуморад. Албатта, бо мурури бењбудии шароитњои зиндагї њар нафар соњибкор тасмимњои ояндасоз мисли бунёди коргоњњои хурди коркарди мева ва сехњои гуногуни истењсолї дорад, то ин ки дар афзунии истењсоли мањсулоти ватанї ва фароњам овардани љойњои корї барои њамватанони сањми худро гузорад. Љамолиддин САЙФИДДИН

шодии беандоза башорат медод, гувоњї медод. Сипас, њардуро аз дафтари корї ба хонаашон бурдем. То имрўз, ин оила зиндагии хубу нек дорад, њатто моро гоњ - гоњ ба мењмонї њам даъват мекунанд, ки фикр мекунам ин подоши ба ифоќа овардани љанљоли оилавї мебошад, - ин воќеаро ба ёд оварда, мегўяд Рўзигул Ќурбонзода. Аз суњбати минбаъда бо Рўзигул бармеомад, ки чунин мисолњо дар фаъолияти кориаш кам нест. Дар баргузории чорабинињои фарњангии ноњия, баргузории фестивалу озмунњои вилоятиву љумњуриявї низ Рўзигул сањми худро мегузорад. Занони фаъоли ноњия, њунармандону санъатваронро аз њисоби занон љалб намуда, ноњияи Балљувонро дар ин чорабинињо муаррифї менамояд. Рўзигул Ќурбонзода барои фаъолияти хуби корї ва натиљањои бадастовардааш бо Ифтихорномаи Раиси ЊХДТ муњтарам Эмомалї Рањмон, раиси КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноњия сарфароз гардонида шудааст. Аз ин Рўзигул меболаду фахр дорад, ки дар пешрафти љомеа сањме дорад. Наљот САФАРЗОДА, «ХАТЛОН»

ТАМАННИЁТИ МАРДЊО З. Султонов, мутахассиси корхонаи ќабули пахта дар ноњияи Дўстї: -8 март барои мард рўзи санљиш аст. Мењри ў ба зан-модар мањз дар њамин рўз маълум мегардад. Ман барои зављаи мењрубонам як даста гул ва торти дўстдоштаашро њадя мекунам. Њасани Хайём, нафаќахўр, сокини ноњияи Љалолиддини Балхї: -соњиби зани мењрубону гулдухтарони хушбахт, келинњои зебо ва наберањои ширин њастам. Дар иди Рўзи модар ба бонуњои хонадон матои куртавории атлас туњфа намуда, барояшон хони идона меороям. Онњо дар ин рўз аз ташвиши ошхона озод мешаванд. Зеро љойи ман ошхона мешавад. Палави хуштаъм пухта, ба онњо зиёфат медињам. М. Рањимов, муњосиб: -Дар ин рўз, албатта, ягон мард дасти холї ба хона намеояд. Ба модар, зан ва духтари худ туњфае меорад. Ман бошам, дар интихоби туњфа завќи баланд надорам. Аз ин рў, ба зављаам як миќдор маблаѓ медињам, то ў табъи дили худ туњфае бихарад. Суњбаторо С. АТТОР

Соли 1995. 26-уми феврали соли 1995 (25 март даври дуюм) дар Тољикистон интихоботи парлумонї доир гардид ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон-аз парлумони якпалатагї таъсис ёфт. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон 7 апрел дар Иљлосияи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон вакилони тозаинтихобро табрик намуда, ба њамин маънї изњор дошт, ки новобаста аз тарафдори кадом њизб будан, бояд пеш аз њама, хизматгузори халќ бошем. Њокимияти халќ, давлати демократї њаминро таќозо менамояд. Дар ин сол, бо вуљуди он ки мувофиќа дар бораи оташбаси муваќќатї ба расмият дароварда шуда, мањбусон ва асирон озод гардида буданд, буњрони шадиди сиёсї ављ гирифт. Ба иддаои оппозитсия, гўё интихоботи парлумонї бе пешнињоди онњо сурат гирифта бошад. Дар асл бошад, љониби Њукумат зиёда аз як моњ

Љумњурии Тољикистон” ќабул гардид. Дар ин баробар, бо вуљуди душворињои дохилї Њукумати мамлакат, хоса Сарвари давлат бањри ояндаи неки кишвар ба соњањои мухталифи љомеа таваљљуњу ѓамхорињои зиёд зоњир менамуданд. Агар 27 декабри соли 1993 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф”, пасон соли 1994 Ќонун “Дар бораи Консепсияи мактаби миллии тољик” ќабул гардида бошад, дар ин асос соли 1995 “Низомномаи мактаби тањсилоти њамагонї” ќабул шуд, ки он умед ба рушди соња ва ба танзим даромадани таълиму тарбияро дар мактабњо дарак медод. Моњи августи њамон сол бошад, литсей – интернати президентї барои кўдакони болаёќат дар шањри Душанбе таъсис ёфт, ки он роњи васеъ ба ташкили мактабњои типи навро кушод. Бо назардошти вазъи душворї

пешнињоди мухолифинро интизор шуд, ки он бенатиља анљомида буд. Њамин тариќ, танњо моњи апрел (аз 19 то 26-ум) тарафњо дар шањри Москва сари мизи машварат нишаста, масъалаи мавзўи гуфтушуниди оянда дар бораи сохти давлатдорї ба миён гузошта шуд. Азбаски, машварат бе роњбарияти сатњи олї мегузашт, ин масъала њалли худро наёфт. Бинобар ин, бо салоњдиди тарафњо аввалин вохўрии Президенти мамлакат бо саркардаи тарафи мухолифин С. А. Нўрї дар Кобул баргузор гардид ва дар он масъалаи њаллу фасли роњ надодан ба муноќишањои беохир, таъмини оташбас, бозгашти тамоми муњољирон ба љойи муќимии зисташон ва ба эътидол даровардани вазъияти сиёсї дар Тољикистон мавриди баррасї ќарор ёфт. Ба ин маќсад, тарафњо изњор доштанд, ки барои бартараф кардани муноќишањо ва расидан ба сулњу салоњ тамоми чорањоро хоњанд дид. Албатта, ба мувофиќа омадан ва аз майдони љанг ба фазои сулњ баргаштан дар он шабу рўз душвор буд, вале заруру њатмї дониста мешуд. Дар ин шабу рўз вазъияти иќтисодии мамлакат, аз камчинии маводи аввалиндарљаи ѓизоїорд душворї пеш оварда буд. Гуруснагї тањдид мекард. Мардум, аз камтарин имконият истифода карда, рўз мегузаронид. Дар дашту адир кишт мекарданд, ба умеде, ки оянда бенаво намонанд. Рубли русї, ки аз 1 январи соли 1994 ба инљониб дар гардиш буд, вазъиятро ба эътидол оварда натавонист. Баръакс бо сабаби нарасидани пули наќд ќарзи дохилї дар кишвар раванди болоравиро гирифт, ки ќисми зиёдаш маошу нафаќаи пардохтнашударо ташкил медод. Њамаи ин носозгорињо зарурияти бечунучарои ба муомилот баровардани пули миллиро пеш овард ва бо ташаббуси Сарвари давлат Ќарор дар бораи ба муомилот баровардани пули миллї ба тасвиб расид. Аз 10 май бошад, пули миллии Тољикистон, бо арзишњои 1,5,10,20,50,100,200,500,1000-аи намунаи соли 1994 ба муомилот баромад. Вале њанўз номи пештараи “меросї”-и худ “рубл”-ро дигар накарда буд. Яъне, 1 рубл, 5 рубл,...200 рубл,...1000 рубл буданд асъори ба муомилот баровардашуда. Худи њамон сол якчанд њуљљатњои муњим, аз ќабили Ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи фонди манзил”, “Дар бораи њаракат дар роњ”, “Дар бораи иљора дар Љумњурии Тољикистон”, “Дар бораи ветеранњо”, Ќонуни Конститутсионии Љумњурии Тољикистон “Дар бораи раъйпурсї дар Љумњурии Тољикистон”, “ Кодекси гумруки

иќтисодї-иљтимоии мардум пайи амалигардии Барномаи ислоњоти иќтисодї барои солњои 1995-2000ум ва дигар барномањо Њукумати мамлакат чорањои дахлдорро роњандозї менамуд. Худи њамон сол, ба хотири рањої аз гуруснагї ва бо озуќа таъмин намудани бозори дохилї, њамчунин, Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи 50000 гектар замин људо намудан барои хољагии наздињавлигї” интишор ёфт, ки он минбаъд бори вазнини мардумро аз ордковї сабук гардонид. Дар њаќиќат, ин заминњо, ки оянда “заминњои президентї” унвон гирифтанду мардуми дењот онро љињати истифодабарии якумра васиќа карданд, дар бењдошти рўзгорашон кумак расонид ва дар он то имрўз зироати аввалиндараљаи кишоварзї кишт намуда, мањсулот ба даст меоранд. Як нуќтаи дигар басо муњим аст, ки ин љо хотирнишон кунем. Оѓоз аз соли 1995 аввалин ташкилоту созмонњои љамъиятї ба ќайд гирифта шуданд, ки дар байни онњо занони ташаббускор њам буданд. Созмони “Хубони порсигў” аз љумлаи љамъияти фарњангиву маърифатї ва ѓайритиљоратї буд, ки оянда дар самти ба корњои љамъиятї љалб гардидани фаъолзанони дењот роњкушо гардид. Аъзои созмон, ки, аслан, аз њисоби ањли маърифат, бонувони эљодкор гирд омада буданд, бо ташкили суњбату вохўрињо тавонистанд афкори маънавии занони дењотро боло бардоранд. Ин иќдом алангае гардид дар бедор сохтани ќалби зангорбастаи занону бонувон ва сањмгузории онхо дар пешрафти љомеаи навин. Ин боварии Њукумат дар љалб намудани занону бонувон ба корњои роњбарї ва машѓул шудан ба соњибкорї бор овард. Имрўз, аз љумла зиёда аз 11 њазор хољагињои дењќонии вилояти Хатлонро занон роњбарї мекунанду садњои дигар дар соњибкорї муваффаќ гардидаанд. Ахиран, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсолаашон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо боварї аз мањорати роњбариву ташаббускорї, бештар ба муваффаќият расидани занону бонувони хољагидору соњибкор оянда тањти таваљљуњи давлату Њукумат ќарор доштани наќши онњо дар љомеа чунин изњор доштанд: “Њукумати мамлакат ташаббусњои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирї карда, ба хотири љалби бештари онњо ба вазифањои роњбарикунанда тадбирњои иловагиро амалї мегардонад”... Исматуллои Гули ОЛИМ (Идома дорад)


3

ХАТЛОН

ЉУМЪА, 5 марти соли 2021, №10 (3299)

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад, Гар дар замин набошад нуру зиёи модар. Модарамро ба хаёлам меораму вуљудамро сўзиш фаро мегирад. Чењраи зебо, ќомати раъно ва чашмони пур аз мењру муњаббати ўро бибиям наќл мекард. Оњ модар, рўзњои нотакрор буданд, он рузњое, ки дар оѓўши гарми худ фарзандонро љамъ меовардї. Баъдан, њангоме ки ба хона медаромадаму намедидамат, модар, гўён ба суроѓат мебаромадам, мељўстамат. Бо дили пур модар мегўфтаму аз чашмонам ашк љорї мешуд. Барои рўњу љонамро таскин додан бибиям навозишам мекард. Модар, муъљизаофорї! Пайѓамбарону абармандони бузург, шоирону мардони хирад ва њатто зебої офаридаи туст.

АЗИЗТАР АЗ ЊАМА Ба гул монандат мекунам, вале аз гул њам зеботару хушбў ва пуртароваттар њастї, очаљон! Модарљон, мехоњам васфат кунам, аммо дар васфи ту ќалам ољиз мемонад. Охир, барои мо фарзандон зањматњои зиёде кашида ранљ бурдї. Нимашаб дар хоби ноз будам, аммо фикр мекунам, ки ту болои љойнамоз аз Худованд дуои љони мофарзандонатро мекар-дї. Мањз ту будї, ки шабзиндадорї

МЕЊРИ ВАТАНУ МОДАР МЕПАРВАРАД

Раљабмоњ ба синни њафт расида буд, ки модараш онњоро падруд гуфт ва тарбияву нигоњубинаш ба зиммаи апаи калониаш Меликой гузашт. Ў хоњарашро то соли 1958 парасторї намуд, баъдан интернати ноњия Раљабмоњро ба оѓўши худ гирифт. Маќсади кушодани интернат он буд, ки диќќати бештари духтарон ба омўзиш љалб карда шавад. Раљабмоњ Рањматулоева, Маъмурой, Нозукой Холовањо, Њалима Садриддинова, аз љумлаи он духтароне буданд, ки баъди хатми интернати мактаби миёнаи №1, ба номи М. Горкий (њоло ба номи Борон Назуров) маќсади дар мактабњои олї тањсил карданро доштанд. Вале Раљабмоњро падараш баъди хатми мактаби миёна ба шавњар дод. Орзуи хондану маълумоти олї гирифтан солњои 1977-1983 ба

Раљабмоњ насиб гардид. Факултети таърихи Донишгоњи миллии Тољикистонро хатм намуд. Ў ёдовар мешавад, ки дар чорабинињои ноњиявию љумњуриявї духтарони интернат фаъолона иштирок мекарданд. Дар фестивал-азназаргузаронии њаваскорони санъат, ки дар љумњурї мегузашт, Мамлакат Бобољонова, Хосият Бўриева ва худи ў дар раќси чорзарб љои аввалро соњиб шуданд. Фаъолияти кориашро аз китобдори китобхонаи ноњиявї соли 1966 шурўъ намуда, дар давоми 54 соли кориаш самарабахш хизмати китобдўстонро кардааст. Соли 1993 мудири шуъбаи иљтимої, баъдан, муовини раиси Љамоати дењоти ба номи Гулсара Юсуфова ва баъди ба нафаќа баромадан аз соли 2001 мудири боѓчаи бачагонаи дењаи Навкорам таъйин гардид. Дар кадом вазифае, ки Раљабмоњ кор кардааст ўро мардум чун роњбари ѓамхору серталаб ва модари мушфиќ мешиносанд. Кори давомноку самаранокаш бо грамотаю сипосномањо ќадр карда шудааст. Аз љумла, бо Грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии СССР оид ба гузаронидани маракаи барўйхатгирии ањолї. Медали

100-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст. Раљабмоњ Рањматуллоева модари хушбахт мебошад. Ў соњиби 8 фарзанд-5 писару 3 духтар буда, онњоро тарбия намуда, хонондааст ва фарзандонаш соњиби маълумоти оливу миёнаи техникї мебошанд. Гирди бибии хушбахтро наберагон њалќа гирифта, ў гузаштаи худро дар симои онњо мебинад. Раљабмоњ њоло њам дар корњои љамъиятї фаъолона иштирок менамояд. Моњи ноябри соли 2019 иштирокчиёни конфронси Шўрои њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикистони ноњия ўро раиси куњансолони њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикистон интихоб намуданд. Раљабмоњ машќи шеър низ менамояд. Дафтари шеърњояш аз мењри Ватан - Модар, ободї, хушбахтї моломол мебошанд. Таманнояшро дар оѓози фасли бањори нозанин чунин иброз доштааст: Њар куљо мардест, хоњам, дили ў дарде набинад, Дар бањори зиндагиаш бадани сарде набинад. Пой монад дар рикобу кафши ў гарде набинад. Роњи ў бошад кушода, гиряааш фарде набинад.

МОМОИ 102 СОЛА Дар арафаи Рўзи модар шодбош гуфтани занону модарон, хурсанд кардани дили онњо кори хайрест аз тарафи фарзандон, ёру дўстон. Зеро онњо чашмаи њаёт, тарбиятгару пушту паноњи насли одамианд. Чї азобу ранље намекашад модар, худ гурусна мемонаду фарзандашро медињад, намепўшаду ўро мепўшонад. Хуллас, модар давомдињандаи њаётзиндагї аст. …Аз идораи рўзнома супориш доданд, ки дар арафаи љашни Рўзи модар дар бораи зани калонсолу умри бобаракат гузаронида мавод омода созам. Ба хулосае омадам, ки модари 102 сола Момагул Нурова, аз дењаи Кадучии ноњияи Восеъ ба ин маќсад арзанда аст. Њамроњи котиби Љамоати дењоти ба номи Мирзоалї Вайсов Абдулњамид Назаров ба дидорбинии ин зани хуљастарўзгор рафтем. - О, ин тўйї, Абдулњамидљон, садќат шавам бачам, боз хабаргириам омадї, - гуфт момои Момагул ва илова намуд, - Худо умри дарозатон дињад, аз бачањотон сер шавед, дасти кама набинед. - Ња, оча, моем. Ба табрикатон омадем. - Рањмат бачам, ки тез-тез хабаргириам меої, шукр мекунам, ки њамин хел Президенти ѓамхору ятимпарвар дорем, ѓами мопиронсолонро мехўрад, Худо умрашро дарозу давлаташа пойдор гардонад. Давоми суњбат фањмидам, ки Момагул Нурова њамсари устоди мо-Шариф Холов будааст. Муаллим чї шахсияти волое буданд. Умуман, муаллимони он солњо њама чунин хислат доштанд, ѓамхору мењрубон, масъулиятшинос, ба кори тарбия нињоят дилсўз буданд. Шариф Холов омўзгори фанни алгебра ва геометрия буданд. Бибии Момагул давоми зиндагї бо њамсараш соњиби 5 фарзанд

кашида, моро алла мегуфтї, бо таронаву фасона, одаму одамгариро меомўхтї. Модар! Барои мофарзандон азиз будиву азиз мемонї. Охир ба гармиву мењру муњаббати худ моро паррончак намудї. Шоирону нависандагон дар васфи ту китобњо эљод кардаанд, аммо он ба якшаба бедорхобиат баробар нест. Акнун, ки туро надорам,

гардидаанд. Чор писару як духтар. Писаронаш Мањмадмурод, Бегмурод, Љўрахону Амирхон њама соњибкасбанд. Духтараш Бахтинисо бошад, њамроњаш дар хонаи падарї зиндагї мекунад. Нигоњубини модари пирашро ба љо меорад. Модар аз ў хеле розї аст. Пайваста дуои некаш медињад. Писаронаш низ ба аёдаташ меоянд. - Писаронам њамеша ба аёдатам меоянд. Сад шукр, њама чиз мерасад. Президентамон, Эмомалї Рањмон бошад, ба мо чун фарзанд хизмат карда истодааст. Худо, умраша дарозу танша сињат нигањ дорад. Њини видоъ Абдулњамид ваъда дод, ки Рўзи иди модарон боз ба табрикаш меояд, дасти холї не, бо туњфаи идона. Бибии Момагул ба мо дуои сафар дода, орзуи нек намуд ва илова кард: «Худоё, мамлакати моро њамин хел тинљу осуда нигањ дорад, файзу баракатро боз њам бештар гардонад ва роњбари мопрезидентамон Эмомалї Рњмонро дар паноњи худ, нигањбон бошад». Наљот САФАРЗОДА, ноњияи Восеъ

З. ЊУСЕЙНОВ, ноњияи Ёвон

гармову сармо, борону туфон, тарс ва њатто марг низ бароям беањамият гаштаанд. Шамъи умеди зиндагиам, ки дар шуълааш симоятро медидам, бо рафтанат хомўш гаштааст. Чашми пуршўре, ки дар њар гўша туро мељўстам, нури умедашро гум кардааст. Дар урфият мегўянд, одамон бо умеди оянда зиндаги мекунанд. Имрўз ќадамњое, ки ба замин мегузорам, ба хотири тарсиданам аз марг нест, ба он хотир аст, ки нисбати њадяи Худованд ношукрї накунам. Сайлигул САИДОВА, омўзгори МТМУ №33, ноњияи Љалолиддини Балхї

УСТУВОРИИ НАЌШИ ЗАН ДАР ЊОКИМИЯТИ СУДЇ Наќш ва маќоми зан дар љомеаи љањонї хеле бузург аст. Сиёсати давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Асосгузори сулњу вањдати миллї, - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати наќши зан дар љомеа хеле хирадмандона ва афзалиятнок мебошад, ки ин боиси ифтихор аст. Мувофиќи моддаи 17 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон “Мардон ва занон баробарњуќуќанд” ва ягон гуна мањдудиятњо нисбати њуќуќи занон мављуд нест. Тўли солњои охир дар маќомотњои ќудратии кишварамон бо дастгирї аз сиёсати адолатпарваронаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати пурќувватгардонии ѓояњои иќтисодиву сиёсии мамлакат дар таъмини волоияти ќонун, мустањкамгардонии њокимияти судї занон сањми арзандаи худро гузошта меоянд. Аз љумла, дар таърихи ташаккул ва инкишофёбии њокимияти судї дар Љумњурии Тољикистон занњо наќши муњим бозидаанд. Занњо-судяњо дар баробари дигар судяњо дар таъмини адолати судї устувор буда, барои баланд бардоштани наќши зан дар њокимияти судї сањми арзанда гузоштаанд. Дар ин љода, бо дастги-

рии Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон занњо ба маќоми судягї таъйин карда шуда, барои таъмини њифзи њуќуќ, озодии инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолат, сањми худро мегузоранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми занњо, хусусан модаронро, бо фарорасии фасли бањор ва Рўзи модар табрик намуда, дар ин рўзњои бањорї,

оѓози эњёи табиат бо як љањон хушњоливу шодмонї, ба ифтихори ин љашни рўњбахш тањният гуфта, хоњони онам, ки дар фазои озоди ватани мањбубамон модарону хоњарон доимо хушбахту саодатманд бошанд. Рустам МИРЗОЗОДА, раиси Суди вилояти Хатлон

ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ НАВРАС Давлатмоњ Файзова соли 1986 факултети математикаи Донишгоњи давлатии шањри Кўлобро бомуваффаќият хатм карда, бо роњхат ба ноњияи Вахш омад. То соли 1993 дар мактабњои миёнаи раќамњои 1 ва 56 омўзгор кор кард. Дониш, истеъдод, мањорати сарвариашро ба њисоб гирифта, Давлатмоњ Файзоваро ба вазифаи мушовири шуъбаи ноњия таъйин намуданд. Кор табъи дил пеш рафта, комёбињо афзоиш ёфт. Давлатмоњ шабу рўз меомўхт, мањорату истеъдодашро такмил медод. Ин аз назари роњбарони шуъбаи маориф ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия пинњон намонд. Роњбарони ноњия ўро ба вазифаи нав-мудири шуъбаи њокимияти давлатии ноњия ба кор даъват карданд. Ташвишаш зиёдтар гашта, аз тобеонаш ва ташкилотњои ноњиявие, ки мутасаддиаш буд, иљрои босифати корњоро ќатъї талаб мекард. Кормандони шуъба ба таври доимї сифати кори маорифчиён, табибон, кормандони соњаи маданї-маърифатї ва дигар соњањоро санљида, бањри ислоњи он тавсияњои мушаххас медоданд. Санљишњои такрорї нишон медод, ки аксарият нуќсону камбудињоро ислоњ карда, кори хешро ба талаботи замон мувофиќ сохтаанд. Зиндагї ба Давлатмоњ чунин панд дод: «Дар њаёт пеш аз њама худро шинос, мавќеи хешро муайян намо, бидон, ки ба мардум ва толибилмон нафъат мерасад, дар рушду нумўи ватан сањми хоксорона мегузорї, агар бошад, инсони хушбахтї, бо амали нек њамроњи њамсафон роњат муннавар аст». Сањифањои китоби њаёти Давлатмоњро вараќ мезанем. Ба маънои њаќиќиаш ў инсони даврони хеш аст: месўзад, мењнат мекунаду чароѓи маърифатро дар дили шогирдонаш мунаввар мекунад. Ў ќудрати беназир дошта, дар бораи рушди имрўзу ояндаи кишвар андеша меронад. Таълиму тарбияи дуруст додани насли наврас-созандагони ояндаи љомеаи мо маќсади асосии Давлатмоњ аст. -Ман касби хеле душвор, вале бошарафро интихоб кардам, - мегўяд бо самимияту ифтихор Давлатмоњ ва илова мекунад:Сарвари мо њадафи чорум-саноатикунонии кишварро ба миён гузоштааст. Хатто на-

мекунам, бигўям, ки омўзгорон дар сафи пеши чунин амалњои неканд. Шогирдони доно ва ташаббускори кишварро ба воя мерасонанд. Тўли 34 сол аст, ки Давлатмоњ Файзова дар соњаи маорифи ноњияи Вахш кор карда, аз уњдаи вазифањои пурмасъулият бошарафона мебарояд. Дар МТМУ №3-и ноњия 70 нафар омўзгорон ба 1273 нафар шогирдон

дарс мегўянд, ки 90 нафари он занон мебошанд. Омўзгорон Нафиса Нуралиева, Муњаббат Рањимова, Зебонисо Нодирова аз шаклу усулњои нави таълиму тарбия истифода бурда, ба натиљањои сазовор ноил мешаванд. -Ваќти дар мактаби миёнаи №7 директор кор карданам, - мегўяд Давлатмоњ Файзова, - то 90 фоизи хатмкунандагон ба донишкадањои олї дохил мешуданд. Маќсад дорам дар мактаби миёнаи №3 њам ба натиљањои шоиста ноил гардам. Ў ба мактаб мешитобад. Бањри ободонии мактаб, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мустањкам намудани алоќаи мактаб бо падару модарон, ба корњои ободонї љалб намудани соњибкорони саховатманд кўшишњои зиёде ба харљ бояд дод. Ба корњои некаш барор хоста мегўем: “Саодат ёрат бод, зани диловар, дилсўз ба кори халќу ватан, ѓамхору мададгори насли наврас-хонандагони ташнаи илму дониш Давлатмоњ Файзова». Б. САЙДАЛИЕВ, «Хатлон»

ДОНИШГОЊИ ТЕРРОРИСТЇ ё тањсили љавонони тољик дар он чї оќибатњо дорад?

8-уми декабри соли 2020ум Вазорати корњои хориљии ИМА эълон кард, ки яке аз донишгоњњои калонтарини Љумњурии Исломии Эрон «Љомеат-ул-Мустафо ал-оламия»-ро њамчун маркази њамкор бо неруњои террористї тањрим намудааст. Ин тањрим аз тарафи Раёсати назорати дороињои хориљии Вазорати молияи ИМА бо ќарори раќами 10590000383 анљом шудааст. Дар шарњи ќарор омадааст, ки ин «донишгоњ» бо Сипоњи посдорони инќилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориљии он сипоњи «Ќудс», ки ду сол пештар њамчун ташкилоти байналмилалии террористї эътироф шуда буд, алоќаи бевосита дошта, њамчун маркази тайёр кардани мубаллиѓони ифротї ва љосусњо барои идорањои амниятии Эрон дар тамоми љањон хизмат мекунад. Аз сабаби он ки дар солњои охир дањњо нафар љавони тољик, аз љумла фарзандони собиќ аъзои ташкилоти манъшудаи њизби нањзати исломї дар ин «донишгоњ» таълим гирифтаанд ва њоло њам таълим мегиранд, фаъолияти он барои тољикон ва Тољикистон низ бетафовут буда наметавонад. Бинобар ин, бисёр зарур аст, ки шањрвандони Тољикистон низ дар бораи ин маркази бузурги ифротгароиву таблиѓотї баъзе маълумотњо дошта, худ ва фарзандони худро аз он дур нигоњ доранд. Аз љумла: Донишгоњи «Љомеат-улМустафо ал-оламия» (тарљума аз арабї: Донишгоњи байналмилалии ба номи Мустафо) дар асл њаргиз донишгоњ набуд ва донишгоњ нест! Он барои фиреб додани шањрвандони хориљї ва давлатњои онњо ба хатмкунандагони худ, ки дар асл охундњои бисёр мутаассиб мешаванд, унвонњои зоњиран дунявии илмии «бакалавр», «магистр», «доктор» ва ба устодонаш, ки, асосан, охундњои тундрав њастанд, унвонњои илмии «дуктур», «профессор» ва ѓайра медињад. Давлатњои љањон хатмкунандагони онро мутахассис ва хатмкардаи донишгоњ гумон карда, ба системаи идории худ ба кор мегиранд ё таъќиб намекунанд. Ин ниќоб имкон медињад, ки хатмкунандагони ин «донишгоњ» дар тамоми љањон пањн шаванд ва миссияи махсуси худро иљро кунанд. Миссия ё вазифаи асосии «Љомеат-ул-Мустафо алоламия», ки марказаш дар шањри Ќуми Эрон воќеъ аст, тайёр кардани мубаллиѓон ё миссионерони хурофотпарастро ба роњ монда, ба воситаи онњо таблиѓи ифротгароиро амалї месозад. Яъне, он яке аз инструментњои асосии татбиќи сиёсати «судури инќилоби исломї» ва дахолати Эрон ба вазъияти кишварњои хориљист. Мувофиќи маълумоти сомонаи худи ин «донишгоњ», њоло дар он беш аз 52 000 (!) толибилм аз 122 (!!) кишвари љањон маѓзшўйї мешаванд. Раиси собиќи ин Донишгоњ Алиризо Аърофї иддаъо дорад, ки то имрўз беш аз 50 000 (!!!) мубаллиѓ тайёр карда, ба кишварњои љањон фиристодаанд, ки бо воситаи онњо њудуди 50 000 000 (!!!!) нафар таблиѓ шудааст. Албатта, ин 50 000 охунди мубаллиѓ, ки ин љо омода шудаанд, дар зери ниќоби муттахассиси донишгоњ ва бо њуљљатњои сохтаи бакалавру магистру доктор фаъолият доранд. Илова бар ин, ин донишгоњ то имрўз дар 60 кишвари љањон, аз љумла кишварњои Аврупої ва Африќої филиалњои худро кушода, ба тайёр кардани мубаллиѓони нав машѓул аст. Масалан, њоло танњо дар намояндагии он дар Афѓонистон њудуди 4000 нафар, аз љумла дар филиали Кобул 2000 нафар тањсил мекунанд. Дар намояндагии он дар кишвари Африќоии Ѓано, ки кишвари суннинишин аст, беш аз 1000 нафар толиб таълим мегирад. Њатто дар шањри Париж намояндагии ин «донишгоњ» ку-

шода шудааст, ки масоњати умумии он 2,5 га мебошад. Масъалаи љиддитар, ки сабаби асосии аз тарафи давлати ИМА њамчун ташкилоти террористї тањрим шудани ин «донишгоњ» гардид, таъйиноти махсуси љосусї ва разведкавии ин муассиса ба њисоб меравад. Дар ќадами аввал, аз байни толибони кишварњои гуногун дар ин муассиса љосусони хидматгор барои Эрон аз тарафи «Сипоњи Ќудс» ва вазорати иттилоот љалб мешаванд. Дар ќадами баъдї, ин љосусњо дар кишварњои худашон шабакаи љосусњои Эронро аз њисоби мубаллиѓони мањаллї ташкил менамоянд. Ин шабакањо на танњо таблиѓгари аќидањои зиддимазњабї, балки барои хадамоти махсуси Эрон љосусї карда, маълумоти заруриро дар соњањои гуногун љамъ меоранд. Солњои охир, дар як ќатор кишварњои љањон намояндагињои ин муассиса баста шуда, љосусони он боздошт шуданд. Аз љумла, соли гузашта дар Босния ва Герсоговина чунин як маркази љосусии дар намояндагии ин «донишгоњ» барњам зада шуд, ки маълумот дар бораи љузъиёти он дар расонањо низ пањн гардидааст. Яке аз мудњиштарин корњои ин “донишгоњ”, мањз дар њамкорї бо сипоњи «Ќудс» барои љанги мазњабї дар Сурия аз њисоби муњољири афѓон дар Эрон ташкил намудани гурўњи љангии «Лашкари Фотимиён» мебошад, ки њоло ба як масъалаи бањснок байни Эрон ва Афѓонистон табдил шудааст. Моњи гузашта вазири корњои хориљии Эрон Муњаммадљаводи Зариф дар мусоњиба бо телевизони «Тулўъ-нюс» теъдоди ин лашкариёни афѓонро, ки дар Сурия аз тарафи Эрон мељанганд, 5000 нафар гуфт, аммо хабарнигори ин телевизон Наљафзода онро 25000 нафар эълон кард. Аз назари идоракунї, ин муассиса бевосита зери роњбарии худи роњбари инќилоби исломии Эрон Оятулло Хоманаї фаъолият карда, раиси он низ аз тарафи роњбар таъйин мешавад. Вазорати тањсилоти олии Эрон ва маќомњои дигари давлатї њуќуќи дахолат ба фаъолият ва стандартњои таълимии ин «донишгоњ»-ро надоранд. Балки ин вазорат маљбур аст њуљљатњои дар асл ѓайривоќеии ин «донишгоњ»-ро расман эътироф ва тасдиќ кунад. Барномањои таълимии он аз аккредитатсияи давлатии Эрон нагузашта, ин муассиса љузъи таркибии њавзаи илмии Ќум ва муассисаи таъблиѓи хурофотзадагї ба њисоб меравад. Вазорати корњои хориљии Эрон ва сафоратњои Эрон дар кишварњои хориљї низ њуќуќи назорати фаъолияти хориљии ин «донишгоњ»-ро надоранд. Маълум аст, ки чунин як фаъолияти махсусан васеи таблиѓотї (миссионерї) ва шабакаи бузурги љосусї ба маблаѓгузории бисёр калон эњтиёљ дорад. Аз ин рў, буљаи «донишгоњ»-и «Љомеатул-Мустафо ал-оламия» низ бисёр калон аст. Он дар асл як давлат дар дохили давлат мебошад. Мувофиќи њисоби мутахассисони эронї ва хориљї, буљаи солонаи ин донишгоњи терроризм њудуди 450 то 500 000 000, яъне наздики ним миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ин маблаѓи бузург аз чор манбаъ таъмин мешавад: 1.Аз буљети расмии давлатии Эрон; 2.Аз буљети «байти рањбарї» (фонди махсуси роњбари инќилоб); 3.Аз њисоби хумс (андози 20%-и мазњаби шиъа), ки ањолї ба охундњо мепардозад; 4.Аз њисоби хайрияи маљбурї, ки аз ширкатњо, корхонањои истењсолї ва соњибкорони бузург ситонда мешавад. Каримов Иноятулло Рањимович, омўзгори кафедраи улуми «Ќуръон ва њадис»-и Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам Абўњанифа Нуъмон ибни Собит (Давом дорад)


4

ХАТЛОН

НЕРУМАНДОНИ ДАВРОН Имрўзњо дар Раёсати Вазорати корњои дохилї дар вилояти Хатлон шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соњибилм ва њамќадами замон фаъолият менамоянд. Занон имрўз ба сифати нозиру сарнозир, муњандису сармуњандис ва сардорони шуъбањои гуногуни РВКД кору фаъолият доранд. Яке аз онњо Шарифзода Гулбозор Њайдар, сардори шуъбаи огоњонии пешгирии њуќуќвайронкунии ноболиѓону љавонони РВКД мебошад, ки бањри осудагии кишвару миллат софдилона мењнати шабонарўзї мекунад. Интихоб намудани кадрњо ва љобаљогузории дурусти онњо аз фаъолияти шуъбаи кадрњо ва кор бо њайати шахсї сахт вобас-

та аст. Дар ин љода сањми Љабборзода Ќурбонбибї Љаббор, нозири калони шуъбаи кадрњо ва кор бо њайати шахсї ва Саидзода Гулафрўз Ѓоиб, нозири шуъбаи кадрњо ва кор бо њайати шахсии РВКД хеле назаррас аст. Мањз ба шарофати корбарии дурусти онњо тамоми њуљљатгузории сохторњои РВКД дуруст ба роњ монда шудааст. Назарзода Сарвиноз Ашўралї аз шуъбаи таъминотии моддї, техникї ва низомии РВКД дар иљрои вазифањои хизматии худ фаъолу намуна мебошанд. Хизматњои Абдуллозода Сайёра Њабибулло ва Саидова Гуларус Сабзалиевна, нозирони Маркази иттилоотии РВКД дар вилояти Хатлон, дар ташвиќу тарѓиби корњои кормандони РВКД ва кам гардидани шумораи љинояткорї хеле назаррас мебошад. Сањми занон – кормандони маќомоти Раёсати корњои дохилї вобаста ба самтњои фаъолияташон дар тањкими ќонуният ва њифзи тартиботи њуќуќї бузург аст. Гарчанде ки маќомоти корњои дохилї сохтори низомї буда,

фаъолияти занон дар ин соња мушкилињои зиёде дорад, бо вуљуди ин, занон дар баробари мардон дар вазифањои масъул софдилона ва содиќона хизмат мекунанд. Занони ин нињоди ќудратї бо фаъолияти бенуќсони худ собит сохтаанд, ки дар ин љабња низ донишу идрок, кудрату матонати мардона доранд. Зињї зани тољик, ки имрўз баробари мардон дар тамоми соњањои љомеа фаъолият дориву пирўзї мекунї! Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

БОНУИ ЊУНАРМАНД Занону бонувони тољик аз ќадим њунарманд буданд ва њунари худро аз насл ба насл боќї гузошта такмил доданд. Ба ин раванд аз љониби Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон эълон гардидани солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї такони љиддї бахшид. Дар ноњияи Ховалинг низ кам нестанд њунармандоне, ки мањсули дастранљашон дар садњо намоишгоњу чорабинињои сатњи љумњуриявию байналхалќї муаррифї гардидааст. Яке аз онњо Гулбањор Њисайнова мебошад. Ин бонуи њунар касби чакандўзию кашидадўзї ва ќаламарезгиро аз модараш омўхтааст. Гулбањор зани сариштакор поктинат ва хеле њалиму мењрубон мебошад. То имрўз панљ фарзанд, 3 духтару ду писарро ба воя расонидааст. Духтаронаш мисли худаш њунарманданду аз дастонашон зар мерезад. Гулбањор, ки дар маркази ноњия зиндагї мекунад ба занону духтарон њунар меомўзад. “Бисёр занону духтарон ба назди ман меоянд. Баъзењояшон њатто сўзан ба даст гирифта наметавонанд. Дар дил шавќу раѓбат ба њунаромўзї, ки доранд дар муддати кўтоњ чакандўзию кашидадўзиро аз худ мекунанд. Ман њамеша ба онњо мегўям, ки зани њунарманд њељ гоњ хор намешавад ва зиндагиашро метавонад бо нўги сўзан саришта кунад. Албатта, чакандўзї кори сањлу содда

Нашрияњои мањаллї: «имконият ва воќеият», чунин буд мавзўи асосии машѓулият - омўзише, ки бо иќдоми Академияи ВАО –и Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин, Иттифоќи журналистони Тољикистон рўзњои 24-26 феврали соли равон дар толори хурди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят доир гардид. Дар чорабинии омўзишї сармуњаррирони нашрияњои вилоятї ва шањриву ноњиявї ширкат доштанд. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирўза Шарифї зимни оѓози чорабинї оид ба рушду нумўи матбуот, дастгирињои њамаљонибаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон аз нашрияњои мањаллї сухан ронда, таъкид дошт, ки рўзноманигорон бояд бањри таъмини амнияти иттилоотї бештару бењтар кўшиш ба харљ дињанд. Аз дастовардњои даврони соњибистиќлолии ватани мањбуб, рушди соњањои иљтимоиву иќтисодї, ањамияту моњияти вањдати миллї, ки баќои давлат аст, маводњои пурмазмуну хонданї нашр намоянд. Њамин тавр, тайи се рўз Дар толори конфронсии тарабхонаи «Левакант»-и шањри Бохтар нишасти мизи мудаввар дар мавзўи «Тањия ва татбиќи барномаи ментории шогирдтайёркунї барои занони соњибкор ва љавонон дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар зиёда аз 30 нафар занони соњибкор, масъулони маќомоти дахлдори давлатї, роњбарони ташкилотњои љамъиятї, олимони соњаи кишоварзї, коршиносон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Дар њамоиш, ки аз се ќисмат иборат буд, асосан оид ба таљрибаи «Мактаби устоду шогирд» дар минтаќањои кишоварзї табодули назар карда шуд. Дар сессияи якуми мизи мудаввар «Соњибкории занон дар Љумњурии Тољикистон» роњбари ташкилоти љамъиятии «Чашма» Санавбар Имомназарова оид ба њадафу вазифањои лоиња сухан ронда, афзуд, ки лоињаи мазкур дар њудуди панљ ноњияи Љумњурии Тољикистон, аз љумла навоњии сарњадии Шањритусу Њамадонии вилояти Хатлон татбиќ гардида, дар оянда фарогирии ноњияњои дигари вилояти Хатлон низ пешбинї шудааст. Ин лоиња, тавре ки С. Имомназарова ќайд намуд, омўзиши

ЉУМЪА, 5 марти соли 2021, №10 (3299)

ИМКОНИЯТ ВА ВОЌЕИЯТ

устодони ботаљриба доир ба наќши сармуњаррир, љонишин ва котиби масъул дар пойдории рўзнома, риояи меъёрњои ахлоќии рўзноманигор, интихоб ва тарзи дурусти сурат, имконияту воќеият, дарёфт, дастрасї ва интихоби сарчашма ва дигар пањлуњои рушди матбуот дар мањал машѓулият гузарониданд. Аз љумла, директори Академияи ВАО, раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Зинатуллоњ Исмоилзода зимни суханронї таъкид дошт, ки журналистон рисолати касбии хешро баљо оварда, бояд фазои иттилоотии Ватани азизро холї на-

Сарраёсати агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї озмуни кушода

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

монанд. Кўшиш намоянд, ки аз навгонињои илму фарњанг, иќтисоду иљтимоиёт маводњои хонданї омода созанд. Се амри вољиби Президенти Љумњурии Тољикистон, ки ба имзо расиду озмунњои “Илм-фурўѓи маърифат, “Фурўѓи субњи доної китоб аст”, “Тољикистон-ватани азизи ман” эълон гардид, бояд мањаки асосии фаъолият бошаду рўзноманигоронро такон дињад. Дар анљоми машѓулият ба иштирокдорони чорабинї сертификатњои Академияи ВАО супорида шуд. ВАХШОНА, «Хатлон»

РУШДИ СОЊИБКОРИИ ЗАНОН намудњои гуногуни соњибкориро барои занону духтарони аз 18 то 35-солаи ноњияњои њадафї ба роњ монда, роњандозии коркарди меваю сабзавот, кишти зироати донагї, асалпарварї ва ѓайраро пешбинї кардааст. Намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Мењриннисо Холмуродова дар мавзўи «Татбиќи барномањо оид ба дастгирии соњибкории занон дар вилояти Хатлон» маърўза кард. Иттилоъ дода шуд, ки љињати баланд бардоштани сатњи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соњибкории онњо дар соли 2016 - 29 нафар, соли 2017 - 30 нафар, соли 2018 - 31 нафар, соли 2019 - 31 нафар ва соли 2020 - 30 нафар занони соњибкори шањру ноњияњои вилоят сазовори грантњои маќсадноки президентї гардиданд. Инчунин, бо ќарори раиси вилояти Хатлон тайи солњои 2016-2020 105 нафар занон соњиби гранти раиси вилояти Хатлон ба маблаѓи умумии 1 миллиону 250 њазор сомонї гар-

диданд, ки дар натиљаи татбиќи лоињањои мазкур зиёда аз 1902 нафар бо љойи кор таъмин ва 2576 нафар ба касбомўзї фаро гирифта шуданд. Дар нишасти мизи мудаввар, инчунин, бизнес-инкубатор аз шањри Бохтар Зарнигор Бегова дар мавзўи “Рушди соњибкории занон дар Тољикистон: дастовардњо ва мушкилот”, Махфират Саидрањмонова дар мавзўи “Љалби љавонзанон ба соњибкорї, таљрибаи Шањритус”, соњибкори муваффаќ Њусния Шоинова дар мавзўи “Њунармандї – омили комёбии занон дар умури соњибкорї”, намояндаи Ассосиатсияи соњибкорони вилояти Хатлон Иброњим Шарифов доир ба наќши технологияњои инноватсионї дар бахши кишоварзї маърўза карданд. Дар нишасти мизи мудаввар коршиносон перомуни истифодаи методологияи менторї дар рушди соњибкории бонувон ва дигар масъалањои актуалї табодули назару таљриба карданд. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Шањру ноњияњои вилоят: 1. Сармутахассиси раёсати омори ноњияи Кўшониён-2 љой, маоши мансабї 1076 сомонї; 2. Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноњияи Ёвон1 љой, маоши мансабї 883 сомонї. 3. Сармутахассиси бахши омори ноњияи Ш. Шоњин-1 љой, маоши мансабї 1076 сомонї. 4. Мутахассиси Раёсати омори шањри Кулоб-1 љой, маоши мансабї 724 сомонї.

Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон Муассисаи давлатии таълимии Коллељи тиббии шањри Бохтар ќабули довталабонро барои соли тањсили 2021-2022

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Ба коллељи тиббии шањри Бохтар хатмкардагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон, шањрвандони давлатњои хориљї мувофиќи шартномаву созишномањои байнидавлатї, хориљиён ва шахсони бетабаа ќабул карда мешаванд. Ба њамаи ихтисосњои гурўњњои буљавї шањрвандони Љумњурии Тољикистн ќабул карда мешавад. Ба гурўњњои шартномавї шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва давлатњои хориљї, ки њуљљатњои баробарэътирофии тањсилоти миёнаи умумї доранд, ќабул карда мешаванд. Ба тањсили рўзона довталабони синашон то 30-сола ва ба шуъбаи шабона (машѓулиятњо аз соати 15:00 то 18:00) бе мањдудияти синну сол ќабул карда мешаванд. Тањсил дар коллељ бо забони давлатї (тољикї) ба роњ монда шудааст. Дар коллељи тиббии шањри Бохтар довталабон дар шуъбаи рўзона аз рўйи ихтисосњои зерин ќабул карда мешаванд: Муњлати тањсил 3 солу 10 моњ: Кори умумитиббї, бо додани

РЎЗИ ДАРЊОИ КУШОД

ДИЌЌАТ: МУЗОЯДА

Иљрочиёни Хадамоти иљро дар шањри Бохтар музояда оид ба фурўши молу мулки ќарздорон Зокиров Фаридун Султонович ва Зокиров Шањзод Султонович, ки тањти њабс ќарор додаанд, санаи 15 марти соли 2021 соати 9:00 музояда эълон менамояд. № Т/р

ТАМАННИЁТИ МАРДЊО

2.

Асрор Холов, аксбардор. Њар ид ман барои 4 нафар бонуи хонадонам туњфа мегирам. Аз бозор туњфањои тайёркардаро харидорї карда, ба хона мебарам. То туњфаро ба хона бурдан њамсарам хўрокњои болаззат омода мекунад, ки ин чиз алакай барои мо одат шудааст. Касбам, ки аксбардорї аст, ин дафъа мехоњам акси оилаамонро як портрети калон тайёр кунаму дар девори хона овезам. Толибљон Раљабов, сокини шањри Бохтар. Ин рўзро хонаводаам бесаброна интизорї мекашанд, зеро дар ин рўз ќариб дар њама гўшаи шањр чорабинињои фарњангї доир мегардад. Аз њамин хотир, аввал дар ягон ошхона якљоя хўрокњои болаззат тановул мекунему баъдан ба консерт меравем. Бо чунин рафтор метавонем каме њам бошад, дили модару њамсарамонро шод карда, аз корњои хонаву ташвишњои рўзгор канор гузорем. Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»

3.

4

5

6

7

8

9

ДИЌЌАТ: МУЗОЯДА

Иљрочиёни Хадамоти иљро дар шањри Бохтар оид ба фурўши молу мулки филиали ЉСК “Тољиксодиротбонк” дар шањри Бохтар, ки тањти њабс ќарор доранд, санаи 15 марти соли 2021 соати 11:00 музояда эълон менамояд. № Т/р 1.

нест. Аз њунарманд фурўтанию сабру тањаммулро талаб мекунад. Дар дўхти як бардеворї миллионњо сўзан ба матоъ мезанию њазорњо метр риштаро ба монанди аскарон саф меорої. Агар диду заќи зебоипарастї надошта бошї рангњоро љо ба љо гузошта наметавонї. Барои њамин занону духтарони њунарманд њам зебоипарастанду њам пурсабру тоќат. Њамин амал модарону бибињои моро дар байни дигар миллатњо машњур карда буд ва мебояд ин анъанаро идома дињем”, - мегўяд Гулбањор. Гулбањор Њисайнова давоми солњои дар ноњияи Ховалинг иќомат карданаш беш аз 200 нафар занону духтаронро касби дўзандагию бофандагї омўхтааст. Ш САФАРЗОДА

«ХАТЛОН»

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

2.

Номгўи молу мулк Як адад компютери тамѓаи “НР” маљмўъ (монитор, блоки системавї, упса, принтер ва мушак) Як адад компютери тамѓаи “” маљмўи (монитор, блоки системавї ва мушак)

Миќдор (адад)

Соли барориш

1

2010

1

2010

10

Нархи ибтидої (сомонї) 12000 500

Дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон њамарўза ќабул гардида, то як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Љойи гузаронидани музояда: Хадамоти иљро дар шањри Бохтар, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи сеюм), њуљраи кории 31. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои б/р. Шахсоне, ки дар музояда иштирок кардан мехоњанд, уњдадоранд, ба иљрочї дар њаљми панљ фоиз аз арзиши нархи молу мулк байона супоранд, маблаѓи супоридаи шахси дар музояда ѓолибомада ба њисоби нархи харид дохил мешавад. Телефонњо: (83222) 3-25-34, 918-87-76-54.

тахассуси њамшираи (бародарї) тиббии оилавї (буљавї ва шартномавї); -кори момодоягї, бо додани тахассуси момодоя (буљавї ва шартномавї); Муњлати тањсил 2 солу 10 моњ: -кори њамширагї, бо додани тахассуси њамшираи тиббї (буљавї ва шартномавї); -кори тиббї-ташхисї, бо додани тахассуси фелдшерлаборант (буљавї); -корњои тиббї-профилактикї бо додани тахассуси ёрдамчии фарматсевт (шартномавї). Дар шуъбаи шабонаи коллељи тиббї довталабон (муњлати тањсил 3 сол, бо тањсилоти миёнаи умумї) аз рўйи ихтисосњои зерин ќабул карда мешавад: -кори фармасевтї, бо додани тахассуси ёрдамчии фарматсевт (шартномавї). Имтињонњои дохилшавї дар Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон гузаронида мешавад. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Сино 7. Телефонњо: 2-25-73, 2-20-89.

Ба диќќати хатмкунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии шањри Бохтар ва макотиби вилояти Хатлон расонида мешавад, ки рўзњои 15-16 марти соли 2021 дар коллељи тиббии шањри Бохтар “Рўзи дарњои кушод” гузаронида мешавад.

1.

Аслан, барои модар, умуман барои бонувон чи туњфањое накунем кам асту ба як тори мўйи сари онњо намеарзад. Бењтарин суханњо, бењтарин гули рўйи замин, бењтарин шеър, бењтарин суруд, бењтарин гўшворњои баландарзиш ва дањњо ашёи дигарро бањрашон таќдим намоем ба якшаба ранље, ки барои фарзанд кашидааст, намеарзад. Дар Рўзи Модар мо аз мардони касбу кори гуногун зери суоли "Дар ин рўз ба модар, њамсар ва ё хоњаратон чї туњфа кардан мехоњед? пурсон шудему љавобњои зайл гирифтем. Фаррух Назаров, фарматсевт. Фикр мекунам бењтарин њадя ба модар ин суханони аз тањти дил гуфтаи фарзандаш нисбати ў мебошад. Ман њар сол ин рўзро бо шањомати хоса љашн мегирам. Дар ин рўз дар хонаи мо њамаи бонувон нишаста истироњат мекунанд ва мо мардњо бошад, ба ороиши дастархону пухтани оши палов машѓул мешавем. Фикр мекунам аз ин дида чизи бењтаре нест.

Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон (бахши кадрњо), телефон: (83222) 2-91-06. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Вањдат 49А (назди Маркази саломатии кўдаконаи шањри Бохтар). Индекс 735140, факс: 2-75-67. Эзоњ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї њар моњ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.

11

Номгўи молу мулк Автомашинаи тамѓаи “ТайотаАвалон”, раќами ќайди транзитиаш В 5400 Н 03 ТЉ Автомашинаи тамѓаи “Лексус”, раќами ќайди давлатиаш 1001 НО 03 Автомашинаи тамѓаи “ТайотаКамри”, раќами ќайди транзитиаш В 4712 С 01 ТЉ Автомашинаи тамѓаи “МерседесБенс”, раќами ќайди давлатиаш 1000 ХТ 03 ТЉ Автомашинаи боркаши тамѓаи “Шанхай”, раќами ќайди давлатиаш 8006 СР 02 Автомашинаи боркаши тамѓаи “Хово”, раќами ќайди давлатиаш 2832 ВС 03 Автомашинаи боркаши тамѓаи “Долун”, раќами ќайди давлатиаш 0375 АТ 03 Автомашинаи боркаши тамѓаи “Шанси”, раќами ќайди давлатиаш 9378 ВЕ 01 Автомашинаи боркаши тамѓаи “Шанхман”, раќами ќайди давлатиаш 9380 ВЕ 01 Автомашинаи боркаши тамѓаи “Тянь-Шань”, раќами ќайди давлатиаш 3383 АКТ 01 Автомашинаи боркаши тамѓаи “Долун”, раќами ќайди давлатиаш 1829 АМ 01

нархи ибтидої (сомонї)

Миќдор (адад)

Соли барориш

1

2013

1

2012

136 824

1

2010

100938

1

2000

50863

1

2011

298280

1

2011

220399

1

2012

324697

1

2011

265103

1

2011

265103

1

2011

133480

1

2011

100898

114390

Дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон њамарўза ќабул гардида, то як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Љойи гузаронидани музояда: Хадамоти иљро дар шањри Бохтар, воќеъ шањри Бохтар, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи сеюм), њуљраи кории 31. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои б/р. Шахсоне, ки дар музояда иштирок кардан мехоњанд, уњдадоранд, ба иљрочї дар њаљми панљ фоиз аз арзиши нархи молу мулк байона супоранд, маблаѓи супоридаи шахси дар музояда ѓолибомада ба њисоби нархи харид дохил мешавад. Телефонњо: (83222) 3-05-82, 905-71-93-33, 981-01-93-33.

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи гумшудаи №251459, ки онро соли 2003 МТМУ №39-и ноњияи Кўшониён ба Каримов Иброњим Абдукаримович додааст, эътибор надорад. Шањодатнома гумшудаи №514654, ки онро соли 1959 МТМУ №6-и ноњияи Вахш ба Гадоева Сайби додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшуда дар бораи баќайдгирии давлатї

№0035382 ба номи Зайниддинов Нуриддин-сокини Љамоати дењоти “Мењнатобод”, дењаи Мењнатобод, ки 21. 06. 2018 тањти №532/18 дар КДФ “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул” дар ноњияи Кўшониён ба ќайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии гумшудаи манзили истиќоматї, воќеъ дар шањри Ќўрѓонтеппа (њозира Бохтар), кўчаи Кайњоннавардон, хонаи №46 (аввала 66), њуњраи №25 тањти №5951 аз 15 декабри

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Исматулло ЊАСАНОВ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

соли 1990 ва нусхаи маълумотномаи бойгонии давлатии вилояти Хатлон тањти №Т-8 аз 15 октябри соли 1999 оид ба шартномаи хариду фурўши манзили истиќоматї, ки 25.12.1991 сол дар фењрести №1д-3144-и идораи ноториалии давлатии вилояти Ќўрѓонтеппа дар бойгонии корхона мављудбуда ба шањрванд Тоиров Њошим њамчун моликияти шахси тааллуќ дошт, аз эътибор соќит дониста шавад.

Рўзнома дар чопхонаи «Мега-Принт»-и шањри Душанбе ба табъ расидааст. Ба чопаш 4.03.2021 иљозат дода шуд. Адади нашр: 11672 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Рузномаи Хатлон шумораи №10-2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu