Skip to main content

Рузномаи Хатлон шумораи №1 2021

Page 1

Соли нави 2021 муборак, њамдиёрони азиз!

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

ЉАЛАСАИ ШЎРОИ Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ВИЛОЯТИИ МУТОБИЌСОЗИЮ www.khatlon-ruznoma.tj E-mail: khatlon.tj@mail.ru ЉУМЪА, 1 январи соли 2021 №1 (3290) МЕТОДЇ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ЊУЌУЌИИ ПАЁМИ ШОДБОШИИ ШАЊРВАНДОН раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба муносибати фарорасии Соли нави 2021

Њамдиёрони арљманд! Фаро расидани Соли нави мелодии 2021-ро ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона шодбош гуфта, барояшон саодати рўзгор, умри бобаракат, сињатмандии комил ва барои ватани мањбубамон рушду нумўи беш аз пеш, пояндагиву шукуфоии љовидонаро орзумандам. Соли 2020, сарфи назар аз таъсири чашмраси пандемия ба вазъи иќтисодию иљтимоии минтаќа ва љањон, барои Тољикистони азизи мо соли пешравињо дар аксари соњањои хољагии халќ, соли амалї шудани умеду орзуњои неку созанда мањсуб мегардад. Бо роњбарии хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон соли сипаришаванда дар саросари кишварамон соли татбиќи иќдому ташаббусњои

наљиби ватандўстона, соли равнаќи бесобиќаи корњои ободониву созандагї, соли вусъатёбии раванди худшиносиву худогоњии миллии мардуми мо буд ва сарзамини мо нисбат ба солњои пешин боз њам ободтар, зиндагии мардумамон хеле бењтару осуда гардид. Дар ин сол мардуми зањматќарину сарбаланди Хатлонзамин бо кору фаъолияти ањлонаву содиќонаи худ ба раванди пешрафту тараќќиёти сарзамини бињиштосоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз њам ободу осудаи он заминањои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд. Бо вуљуди хуруљи бемории њамагир дар љањон, дар маљмўъ, рушди иќтисодии вилоятамон таъмин гардид. Дар ёздањ моњи соли 2020 наќшаи андоз ба ќадри 102,2 фоиз иљро шуд. Ба буљети вилоят 1 миллиарду 132,6 миллион сомонї ворид гардид, ки нисбат ба наќшаи тасдиќшуда 24,7 миллион сомонї ва нисбат ба њамин давраи соли 2019 ба маблаѓи 65,7 миллион сомонї зиёд мебошад. Њаљми гардиши мол дар соњаи савдо 6,1 миллиард сомонї ва хизматрасонии пулакї дар њамаи соњањои хизматрасонї ба 1,8 миллиард сомонї расид. Њамзамон њаљми гардиши савдои хориљии вилоят дар ёздањ моњи соли 2020 ба 276,4 миллион доллари амрикої, аз љумла воридот 147,5 миллион доллар ва содирот ба 128,9 миллион доллар баробар шуд. Илова бар ин, дар њамаи шаклњои хољагидории вилоят њаљми умумии мањсулоти кишоварзї ба 15,7 миллиард сомонї баробар гардида, суръати афзоиш 8,8 фоизро ташкил дод. Њаљми истењсоли мањсулоти саноатї дар вилоят бошад, ба 7 миллиарду 927,8 миллион сомонї расид, ки дар ќиёс бо њамин давраи соли 2019-ум 237,3 миллион сомонї бештар аст.

Сафарњои кории Пешвои муаззами миллат, ки давоми соли 2020 ба шањру навоњии вилояти Хатлон анљом дода шуд, барои тамоми мардуми водии зархези вилоят басо хотирмону фарањафзо буд. Бо дастгирї ва иштироки бевоситаи Роњбари давлат дар соли сипаришаванда бунёди инфрасохтори соњањои иљтимої амалї гардида, дањњо муассисањои таълимиву тандурустї ва фарњангиву варзишї мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Бо бунёди корхонаю коргоњњои саноатию истењсолї на танњо заминаи устуворе барои татбиќи њадафи чоруми миллї – саноатикунонии босуръати мамлакат фароњам омад, балки њазорон нафар бо љойи кори доимї таъмин гардиданд. Танњо дар 11 моњи соли 2020 дар њудуди вилояти Хатлон 88 корхонаю коргоњи саноатию истењсолї бунёд ёфта, наздик ба 900 нафар дар онњо бо љойи кори доимї таъмин гардиданд. Њамаи ин дастовардњо, бешубња, аз фардои ободу осудаи давлати озоду соњибихтиёрамон ва мардуми фарњангиву ободгарамон шањодат медињанд. Баргузории маъракањои муњимми сиёсї – интихоботи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва маљлисњои мањаллии вакилони халќ, интихоботи Президент ва маросими савгандёдкунии Роњбари давлат аз љумлаи рўйдодњои таърихиву хотирмони соли 2020 ба њисоб меравад. Сокинони вилояти Хатлон бо иштироки фаъолонаи худ дар ин маъракаи муњимми сиёсї ояндаи дурахшону босаодати худро муайян намуданд. Пирўзии мутлаќу бесобиќаи Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон далели возењи мањбубияти беканори Пешвои миллатамон дар миёни мардуми Тољикистон буда, гувоњи он аст, ки тољикистониён сиёсати созандаву бунёд-

гаронаи Роњбари давлатро њамаљониба дастгирї мекунанд ва бо Пешвои миллати худ ифтихорманданд. Соли 2021 мардуми шарифи Тољикистон љашни умумимиллї – 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро таљлил хоњанд кард. Ба истиќболи ин љашни таърихї дар тамоми шањру навоњии вилояти Хатлон корњои ободонию бунёдкорї бо љўшу хурўш љараён доранд. Тибќи наќшаи чорабинињои тасдиќгардида дар вилоятамон дар доираи омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлоли давлатї бунёди беш аз 7,7 њазор иншооти таъйиноти гуногун пешбинї гардида, то имрўз ќариб 6 њазор иншоот мавриди бањрабардорї ќарор гирифтаву симои шањраку дењотамон ба куллї таѓъйир ёфтааст. Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави 2021 низ ба хотири татбиќи барномањои стратегии миллиамон ва наќшаву ниятњои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, кору фаъолияти њаррўза ва азму талоши њар як фарди бонангу номус, худогоњу худшинос ва ватандўсту мењанпарвари вилояти Хатлон ба номи 30-юмин солгарди Истиќлоли давлатамон, ободиву шукуфоии сарзамини бињиштосоямон ва бунёдкориву созандагии ватани азизамон анљом мепазирад. Мардуми сарбаланди хатлонї, чун тамоми тољикистонињо, зери ливои вањдати миллї ва дар пайравї ба Пешвои муаззами миллат зањмату кўшиши ободгаронаи худро барои боз њам афзун гардонидани иќтидори иќтисодии давлати соњибистиќлоли Тољикистон ва дар арсаи байналмилалї боло рафтани нуфузу обрўи Тољикистони озоду соњибихтиёрамон дучанд хоњанд кард. Бо њамин ниятњои нек тамоми сокинони вилояти Хатлон ва Тољикистони азизро ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 табрику тањният гуфта, барояшон саломатии бардавом, зиндагии хушу осуда, хушбахтї ва ба диёри арљмандамон шукуфоиву пешрафтро таманно дорам. Хоњони онам, ки Соли нави 2021-Соли нави мелодї барои мардуми Тољикистон соли сулњу амонї, файзу баракат ва пешрафту дастовардњои тоза гардад. Соли наватон муборак бод!

МУЛОЌОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОБИЌАДОРОНИ МЕЊНАТ

Дар толори хурди маљлисии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 30-юми декабри соли 2020 мулоќоти раиси вилоят Ќурбон Њакимзода бо собиќадорони љангу мењнат, ташкилотњои ибтидоии кор бо собиќадорони мењнат, сипарони ватан, раисони Шўроњои собиќадорон ва дигар фаъолони таљрибадори соњањои гуногун баргузор гардид. Њадафи баргузории вохўрї баррасии натиљаи фаъолияти Шўроњои собиќадорони љангу мењнати шањру навоњии вилоят ва вазифагузорї барои соли 2021 мебошад. Нахуст, раиси вилоят Ќурбон Њакимзода оид ба наќши собиќадорони соња дар тарбияи ватандўстию хештаншиносии насли наврас, пешрафти соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат табодули афкор намуд. Изњор гардид, ки њаёти њаррўза ва фаъолияти пурмуњтавои собиќадорони љангу мењнат

барои дигарон мактаби бузурге мебошад, ки дар пешрафти њамаи соњањо ва ташкили зиндагии шоиста бо хубї метавон аз он истифода кард. Сипас, муовини раиси Шўрои собиќадорони љангу мењнати минтаќаи Бохтар Саидќул Шомалангов дар хусуси фаъолияти Шўро њисобот дода, афзуд, ки мувофиќ ба рељаи корї рўзњои раисони Шўроњои шањру навоњии минтаќаи Бохтар баргузор гардид. Инчунин, давоми соли љорї зиёда аз 27 њазор сомонї дар табобати ройгони собиќадорон кумак расонида шудааст. Дар муассисањои таълимї ба роњ мондани соатњои тарбиявї бо иштироки собиќадорон ба наќша гирифта шудааст, ки давоми соли 2021 дар њамкорї бо шуъбањои маориф ташкил карда мешаванд. Муовини раиси Шўрои собиќадорони љангу мењнати минтаќаи Кўлоб Исроил Иброњим аз фаъолияти корї

њисобот дод. Гуфта шуд, ки дар њамкорї бо муассисањои олию миёна конференсияњои илмї – назариявї бо иштироки собиќадорони баргузор гардиданд. Њамзамон кумакњои моддї ба ноњияњои Ховалинг, Балљувон, Њамадонї ва чан-

баргузории чорабинињои сиёсї ва дар омодагї ба 30 – солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ёдовар шуд. Ќурбон Њакимзода изњор дошт, ки аз љониби собиќадорони мењнат дар саросари вилоят, хусусан дар шањру

ба мушоњида мерасад. Дар ќисмати дигари мулоќот собиќадорони љангу мењнати ноњияњои Панљ, Темурмалик, Кўлоб ва чанде дигарон суханронї карда, бо шукргузорї аз тинљиву осоиштагии мењан барои ѓамхорињои беандозаи Роњбари олии кишвар изњори миннатдорї намуданд. Гуфта шуд, ки њамаи собиќадорони вилояти Хатлон сайъ мекунанд, ки дар баргузории чорабинињои сиёсї ва таърихї, тарбияи хештаншиносию ватандўстии насли наврас сањмгузор бошанд. Дар ќисмати охир раиси вилоят Ќурбон Њакимзода аз таъкид ва дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки санаи 15-уми декабри соли

де аз шањру навоњии дигари минтаќа ба собиќадорон расонида шудааст. Барои расонидани хизмати тиббї ба собиќадорон зиёда аз 47 њазор кат ва 37 табибу зиёда аз 100 њамшираи тиббї вазифадор карда шудаанд. Илова бар ин, беш аз 1 млн 750 њазор сомонї дар арафаи иду айём ба мењтарони љангу мењнат кумакњои пулию молї расонида шудааст. Раиси вилоят дастур дод, ки њаёт ва таљрифаи кории собиќадорон тариќи расонањои хабарї њамчун намуна инъикос карда шаванд. Инчунин, оид ба сањми собиќадорон дар

ноњияњои Восеъ, Кўлоб, Бохтар, Кўшониён ва чанде дигарон сохтмони муассисањои таълимию тиббї ва хизматрасонї бахшида ба љашнњои таърихї

2020 дар ќасамёдкунии аъзои нави Њукумати Љумњурии Тољикистон расониданд, ёдовар гардид. С. АЗИЗОВ, «Хатлон»

30 декабри соли 2020, дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љаласаи Шўрои вилоятии мутобиќсозию методї оид ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин љаласа, ки тањти раёсати раиси вилоят Ќурбон Њакимзода барпо шуд, аъзоёни Шўрои вилоятї, котиби Шўро, муовини раиси вилояти Хатлон Фирўза Шарифї, муовинони раисони як

мудофиа 301 нафар љавонони даъватшаванда ба омўзиш дар курсњои ройгони ронандагї, кафшергарї, сартарош, ошпаз ва дигар ихтисосњо љалб карда мешаванд. Аъзои Шўро наќшаи вобастнамоии роњбарони сохторњои ќудратї дар вилояти Хатлон ва аъзоёни Шўрои вилоятии мутобиќсозию методї оид ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон љињати таъмини иљрои ќарорњои раиси вилояти

ќатор шањру ноњияњои вилоят ва роњбарони баъзе ташкилоту муассисањои вилоятї иштирок доштанд. Дар љаласа гузориши Н. Муродзода, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон оид ба масъалањои пешгирии нашъамандї ва оќибатњои суйистеъмоли он, инчунин, ташкил ва гузаронидани чорабинињои оммавии варзишию фарњангї дар самти пешгирии нашъамандї ва мунтазам гузаронидани суњбату вохўрињо дар байни ањолї, махсусан бо наврасону љавонон ва донишљўён шунида шуд. Дар њисоботи муовини раиси суди вилоят масъалаи судњои сайёр аз љониби судњои вилоят ва таъсири он дар баландбардории маърифати њуќуќии ањолї доир ба баррасии парвандањои љиноятї, њуќуќвайронкунии маъмурї, гражданї, оилавї ва иќтисодї мавриди тањлилу натиљагирї ќарор гирифт. Дар љаласа, њамчунин, сардори идораи телевизион ва радиои вилоят С. Муњаммадѓоиб доир ба ташкил намудани барномаи телевизионї «маслињати њуќуќїиљтимої» бо љалби њуќуќшиносон, иќтисодчиёну дигар мутахассисони соњавї, инчунин, эмомхатибон ва ањли уламо бо маќсади посух додан ба саволњои шањрвандон гузориш дод. Сардори Раёсати адлияи вилоят С. Салимзода доир ба омода намудани маљмўаи санадњои меъёрии њуќуќї дар самти таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандон ва дастрас намудани он ба Шўроњои шањриву ноњиявї, ташкилоту муассисањо ва корхонањо иттилоъ дод. Мавсуф, инчунин, дар мавриди таъсис додани хатњои маълумотдињии телефонї, ки оид ба ќонунгузорї ва хизматрасонии њуќуќї иттилоот пешкаш менамоянд, инчунин, љорї намудани хатти алоќаи маълумотдињї, ки операторони он хусусияти мушкилии мурољиаткунандагонро тањлил карда тавонанд, маълумоти умумиро оид ба роњњои њалли он пешкаш намоянд ва ё ба маќомот ва ташкилотњои дахлдор равон созанд, сухан гуфт. Дар љаласаи Шўрои вилоятї, њамчунин, њисоботи комиссари њарбии вилоят У. Солизода оид ба рафти корњои омодагї ба даъвати бањории соли 2021, гузориши мудири шуъба оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросими маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон М. Шарифзода шунида шуд. Комиссари њарбии вилоят иттилоъ дод, ки бо маќсади њавасмандї ва омодагии касбии даъватшавандагон бо маблаѓгузории маќомотњои иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои вилоят 1180 нафар ва бо маблаѓгузории Вазорати

Хатлон оид ба омодагї ба даъвати бањорї, ба ќайди ибтидої гирифтан ва тайёр намудани мутахассисон барои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар даъвати бањории соли 2021 дар шањру ноњияњои вилоятро тасдиќ намуданд. Дар баробари ин, лоињаи наќшаи Шўрои вилоятии мутобиќсозию методї оид ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон барои фаъолияти кории соли 2021 баррасї ва бо дарназардошти таклифу пешнињодњо тасдиќ гардид. Дар интињои љаласа раиси Шўрои вилоятї, раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба роњбарони сохторњои њифзи њуќуќ ва аъзоёни Шўро дастур дод, ки бањри иљрои дастуру супоришњои Сарвари давлат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар љаласаи Њукумати Љумњурии Тољикистон 15 декабри соли 2020 баён доштанд, чорањои дахлнопазир андешида, бо назардошти он, ки соли 2021 барои сокинони сайёра соли вазнинтарин пешбинї шудааст, барои сарфакорона истифода намудани неруи барќ, љамъоварии маблаѓњои неруи барќи истифодашуда, таъмин намудани ањолї бо неруи барќу гармї, маводи ѓизої, вусъат бахшидани корњои ободониву созандагї, њифзи амнияти озуќаворї, истифодаи самарабахши заминњои наздињавлигї ва президентї, суръатбахшии кишти тирамоњї ва тайёрї ба кишти бањорї, истифодаи самараноки гармхонањо, таъсиси љойњои нави корї, омода кардани тухмињои аълосифат, афзоиш додани истењсоли мањсулоти ниёзи аввалия, дар кишти соли 2021-ум 40 фоиз зиёд намудани кишти картошка ва 60 фоиз ѓалладонагињо, расонидани кумакњои моддї ба табаќањои ниёзманди љомеа ва дар маљмўъ, андешидани тадбирњо оид ба бењтар намудани сатњи зиндагии ањолии кишвар ва назорати нархи мањсулот дар бозор, алалхусус дар арафаи соли нав ва дигар идњо, бештар намудани корњои ташвиќу тарѓиб тадбирњои заруриро роњандозї карда, фаъолияти гурўњњои кориро дар ин самт тањким бахшанд. Инчунин, дастур дода шуд, ки ба хотири љилавгирї аз мављи дуюм ва сеюми хурўљи коронавирус (COVID-19) дар кишвар корњои фањмондадињї љињати риояи ќоидањои бењдоштї, безараргардонї, тарѓибу ташвиќи чорањои мубориза бар зидди беморї, пўшидани ниќобњои муњофизатї дар кўчаву љойњои љамъиятї, маѓозаву дорухонањо ва бозорњо зери назорати љиддї ќарор дода шавад. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон


2

ХАТЛОН

«НИЁЗМАНДОНРО САРПАНОЊ МЕШАВЕМ»

Дар доираи ин иќдом ба 60 нафари ниёзманд кумак расонида шуд Шаст нафар бошандагони Маркази љумњуриявии тавонбахшї ва будубоши пиронсолону маъюбон дар ноњияи Кўшониён дар арафаи Соли нави мелодї соњиби туњфањои раиси вилояти Хатлон гардиданд. 29 декабри соли 2020 раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар пайравї аз ташаббуси инсондўстонаю хайрхоњонаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба аёдати бошандагони ин муассиса рафта, бо вазъи будубош, таъминот ва табобати маъюбон ва пиронсолони он шинос гардид. Тавре ки Муњаммадрасул Достиев, сарвари Муассисаи давлатии “Маркази тавонбахшї ва будубоши пиронсолону маъюбон” дар ноњияи Кўшониён иттилоъ дод, ин муассиса моњи ноябри соли 2014 њамчун “Хона-интернати беморињои рўњї”-и дорои 100 кат аз љониби Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон сохта мавриди истифода ќарор гирифтааст. Баъдан 25 марти соли 2015 ба “Маркази љумњуриявии тавонбахшї ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон” дар ноњияи Кўшониён табдил дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин марказ шароити мусоиде барои будубоши бошандагон фароњам мебошад. Муассиса пурра ба зимистон омода буда, биноњои он дорои низоми ягонаи гармидињї аст ва дар марказ барои фасли сармо 96 тонна ангишт, 30 куб њезум ва 250 литр сўзишворї захира карда шудааст. Дегхонаи назди марказ 24 соат кор карда, биноро бо гармї таъмин мекунад. Имрўз аз неруи барќ дар муассиса танњо барои равшанидињї истифода мебаранд. Инчунин, тавре ки иттилоъ дода шуд, дар муассиса 2700 кг картошка, 930 кг пиёз, 350 литр равѓан, 3500 кг орд ва 960 кг дигар анвои маводи ѓизої захира карда шудааст. Њоло дар муассиса 58 нафар бошандагон, аз љумла 41 нафар мард ва 19 нафар зан (22 нафарашон русзабонанд) зиндагонї мекунанд ва ба онњо се маротиба хўроки гарм

дода мешавад. Ба бошандагони дардманд хизматрасонии мањсдармонї, гиёњдармонї ва дигар намуди табобатњо пешнињод мешавад. Тибќи дархости бошандагони марказ, бо дастури раиси вилоят ба китобхонаи муассиса имрўз беш аз 50 адад адабиёти тозанашри бадеию таърихї таќдим гардида, дар ояндаи наздик боз китобњои бадеї ва махсус (барои нобиноён) дастрас карда мешавад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни шиносої аз њуљрањои зисти чанде аз бошандагон бо онњо суњбати самимї анљом дода, аз вазъи саломатї ва шароити нигоњубинашон пурсон шуд. Пасон, зимни таќдими либосњои гарм ва ширинињо ба бошандагони марказ раиси вилоят Ќурбон Њакимзода таъкид намуд, ки ѓамхорї дар њаќќи маъюбону бепарасторон, шахсони танњою ниёзманд ва

дастгирии онњо самти муњимми сиёсати иљтимоии роњбарияти давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон ба њисоб рафта, дар тамоми ќаламрави вилоятамон ќишри эњтиёљманди ањолї аз иќдому ташаббуси хайрхоњонаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бањравар мешаванд. “Давлат ва Пешвои миллат њамеша шуморо дастгирї мекунанд ва њељ гоњ намегузоранд, ки шумо худро танњову бесарпаноњ эњсос намоед”, - афзуд раиси вилоят. Ќобили зикр аст, ки айни замон дар Маркази љумњуриявии тавонбахшї ва будубоши пиронсолону маъюбон дар ноњияи Кўшониён 40 нафар маъюбон, аз љумла 9 маъюби гурўњи якум, 30 нафар маъюбони гурўњи дуюм, 1 маъюби гурўњи сеюм, 17 нафар пиронсолон, 3 нафар шахсони яккаву танњо, 7 нафар беморони бистарї ба табобат ва назорат фаро гирифта шудаанд.

ТАЌДИМИ ПЛАНШЕТУ ЊАДЯЊОИ ДИГАР БА ФАРЗАНДОНИ ОИЛАИ ЊАКИМОВЊО

Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода 30 декабри соли 2020 бо маќсади аёдати оилаи Њакимовњо, ки имконияти љисмонии падар ва фарзандони оила мањдуд мебошад, ба ноњияи Љалолиддини Балхї сафар кард. Оилаи Њакимовњо дар дењаи Гагарини Љамоати дењоти “Њалевард”-и ноњияи Љалолиддини Балхї дар ошёнаи якуми бинои истиќоматї, дар хонаи иборат аз се њуљра зиндагї менамоянд. Сардори оила Орзу Њакимов 40 сол ва њамсараш Умеда Шомањмудова 35 сол дорад. Фарзанди калонии оила Рамазон 17-сола ва хурдиаш Моњшариф яксолаанд. Аъзои оилаи мазкур, ба истиснои модари фарзандон Умеда Шомањмудова, њамагї ќади паст доранд. Писарашон Рамазон Њакимов бошад, маъюб буда, бо аробачаи маъюбї њаракат мекунад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба њамаи 6 фарзанди ин оила сарулибоси гарми зимистона ва ширинињои солинавї таќдим намуданд. Инчунин, ба хонавода дар баробари кумаки пулї, маводи ѓизої, аз љумла орду биринљ, равѓан, картошкаю пиёз ва ѓайра дастрас карда шуд. Умеда Шомањмудова – модари ин хонадон миннат-

дории худро ба Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки пайваста барои дастгирии оилањои камбизоату маъюбон иќдомњои хайрхоњона анљом медињанд, изњор намуд. У. Шомањмудова дар бозори марказии ноњияи Љалолиддини Балхї ба фурўши либосворї машѓул буда, чор нафар фарзандонашон дар муассисаи таълимии тањсилоти миёнаи умумии №2 тањсил менамоянд. Ин оила дар ќайди шуъбаи хизматрасонии иљтимої дар хонаи назди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњия буда, мунтазам ба онњо аз тарафи маќомоти давлатї ва шахсони саховатпешаи Љамоати дењоти “Њалевард” кумак расонида мешавад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни суњбат бо фарзандони хонавода Сабрина, Сарвиноз ва Нозанин ба дониши онњо бањои баланд дода, онњоро ба тањсили хуб, мутолиаи китобњо ва омўзиши њунарњо ташвиќ намуданд. - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њамеша ба ќишри эњтиёљманди ањолї таваљљуњу ѓамхорї зоњир мекунанд ва давлат барои таъмини шароити мусоид ва арзандаи зисти њамаи табаќањои ањолї, махсусан маъюбону дардмандон њамаљониба тадбирандешї мекунад, ќайд намуд раиси вилоят Ќурбон Њакимзода. Дар асоси дархости фарзандони ин оила, бо дастури раиси вилоят худи њамин рўз барои Рамазону Нозанин катњои хоб, барои Сабрина љевони либос ва барои Шукронаю Сарвиноз планшетњо таќдим карда шуд. Падари хонадон Орзу Њакимов, ки аз шодии беинтињои фарзандонаш рўњбаланд гардид, ќайд кард, ки љињози њадяшуда боиси бењтар шудани шароити зист ва донишандўзии фарзандонаш мегардад. Бинобар ин, ў ба роњбарияти давлату њукумат, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ѓамхорї арзи сипос намуд. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

ДАР БОХТАР ДУКОНЊОИ РЎЗНОМАФУРЎШЇ БА ФАЪОЛИЯТ ОЃОЗ КАРДАНД Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шањри Бохтар дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дуконњои фурўши рўзномаву маљаллањо ба фаъолият оѓоз кард. Тавре директори корхонаи фаръии КВД “Почтаи тољик” дар вилояти Хатлон Сайдалї Мирзоев иттилоъ дод, дар маљмўъ дар шањри Бохтар 10 адад ин гуна дуконњои замонавї насб хоњанд шуд. Номбурда, њамчунин, зикр кард, ки рўзњои наздик дар шањру ноњияњои Кўлоб, Данѓара ва Шамсиддин Шоњин чунин дуконњои хуштарњу замонавї ба фаъолият оѓоз хоњанд кард. Дар маљмўъ то соли 2025 дар ќаламрави вилояти Хатлон бояд 50 адад њамин гуна дуконњои замонавии фурўши рўзномаву маљаллањо сохта шаванд, ки баъди ба фаъолият оѓоз кардани онњо 50 нафар сокинон бо љойи кори доимї ва маоши хуб таъмин хоњанд шуд. «Хатлон»

ЉУМЪА, 1 январи соли 2021, №1 (3290)

ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА БО ШАРОИТИ БУДУБОШИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КЎДАКОНИ ЯТИМ ШИНОС ШУД 30 декабри соли 2020 раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар ноњияи Љалолиддини Балхї, њамчунин, аз шароити будубоши тарбиятгирандагони муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати љумњуриявии кўдакони ятим боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки масоњати умумии мактаб-интернат 34 гектар буда, он аз як бинои таълимии дорои 18 синфхона, ду хобгоњ, ошхона, њаммом, шуъбаи шустушўї, толори варзишї иборат мебошад. Айни замон дар мактаб-интернат 221 нафар хонанда аз 20 шањру ноњияи љумњурї ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 58 нафари онњо духтарон мебошанд. Аз шумораи хонандагон 9 нафар ятими кулл, 130 нафар нимятим ва 82 нафар бепарасторон (падару модар дар мањбас ё модари танњо ва ё гирифтори бемории рўњї ва дигар беморињо) мебошанд. Хонандагони мактаб-интернат дар тамоми олимпиадаву мусобиќањои ноњиявї ва вилоятї фаъолона ширкат варзида, соњиби љойњои намоён мегарданд. Шумораи умумии кормандон дар мактаб-интернат ба 109 нафар мерасад, ки 41 нафари онњо омўзгорону мураббияњо мебошанд. Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати љумњуриявии кўдакони ятими ноњияи Љалолиддини Балхї, ки аз соли 1950 њамчун мактаб-интернат фаъолият дорад, дар тавозуни Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон буда, маблаѓгузорї карда мешавад. Инчунин, бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон то соли 2019 сарпарастии мактаб-интернатро

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва аз соли 2019 то инљониб Фурудгоњи байналмилалии Душанбе ба уњда дорад. Сарпарастон мунтазам, аз љумла дар арафаи љашнњо бо сару либос ва туњфањои идона ба мактаб-интернат кумак мерасонанд. Аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноњияи Љалолиддини Балхї, љамоатњои шањраку дењот, ташкилоту муассисањо, шањрвандони алоњида, соњибкорони ноњия ва шањру ноњияњои кишвар ба таври доимї ва асосан бо мањсулоти хўрокворї, сару либос ва хољагидорї кумакњо расонида мешавад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода аз синфхонањои таълимї, хобгоњ, толори варзишии мактаб-интернат ди-

дан намуда, бо хонандагон суњбати самимї орост. - Пешвои муаззами миллат доимо таъкид мекунанд, ки парастору пуштупаноњи њар як ятим давлат аст ва њељ гоњ онњо дар нимароњ нахоњанд монд, - изњор намуд раиси вилоят Ќурбон Њакимзода. – Њар яки шуморо, фарзандони азиз, даъват мекунам, ки пайрави сазовори Пешвои миллат бошед, хубу аъло, бо интизоми намунавї тањсил кунед ва дар оянда соњибкасбу соњибмаълумот гардед. Дар интињо барои кўдакони мактаб-интернат дастурхони идона ороста шуда, ба њар як хонанда туњфањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз ќабили либоси гарму ширинињои солинавї таќдим карда шуд. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

СОБИЌАДОРОНИ МАТБУОТ ЌАДРДОНЇ ШУДАНД хољагии халќи мамлакат, тарѓиби ѓояњои ватанпарастию инсондўстї ва шукргузорї аз тинљиву осоиштагии Тољикистони соњибистиќлол изњори андеша гардид. Носирљон Маъмурзода дар бораи дастгирии намояндагони расонањои хабарї аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва ќадрдонии онњо ибрози назар кард. Гуфта шуд, ки давоми соли сипаригардида аз тарафи раиси вилояти Хатлон ба собиќадорони соњаи иттилоот, хусусан матбуот ва телевизиону радио ќадрдонии пулию молї карда шуданд. Дар ин баробар, ба телевизион ва рўзномањои вилояти Хатлон дастгоњњои техникї, аз ќабили дастгоњи наворбардорї, дастгоњњои аксбардорї, компютер кумак карда шуд, ки дар рушди иттилооти вилоят мусоидат хоњанд кард. Сипас, собиќадорони соњаи иттилооти вилоятро бо туњфаи пулї ќадрдонї Санаи 30-юми декабри соли 2020 дар Идораи рўзномаи вилоятии «Хатлон» вохўрии директори муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Љумњурии Тољикистон, раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон дар вилояти Хатлон Асалмоњ Сафарзода, мудири шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон Носирљон Маъмурзода ва чанде аз собиќадорони соњаи матбуоти вилоят баргузор гардид. Дар вохўрї Зинатулло Исмоилзода оид ба њадафи вохўрї, таваљљуњи Њукумати мамлакат нисбати соњаи матбуот ва собиќадорони соња, наќши собиќадорони соњаи матбуот дар тарбияи кадрњои љавон табодули афкор намуд. Инчунин, оид ба наќши собиќадорони соњаи матбуоти вилоят дар пешрафту шукуфоии мењан, тарѓиби рушди соњањои

карда, дар бораи фаъолият ва сањми арзандаи њар кадоми онњо дар рушди матбуоти вилоят њарф заданд.

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМЇ - АМАЛЇ ДАР ДДТХ Дар таърихи Донишгоњи давлатии тиббии Хатлон аввалин конференсияи байналмилалии илмї - амалї дар мавзўи «Масъалањои мубрами тиб ва тањсилоти тиббї» бахшида ба эълон гардидани солњои 2019 - 2020 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї баргузор гардид. Конференсияи мазкурро Убайдулло Ќурбон, ректори Донишгоњи давлатии тиббии Хатлон, њусни ифтитоњ бахшиданд. Дар рафти конференсия як гурўњ ходимони варзидаи сиёсиву илмии кишвар, аз љумла Љ. Абдуллозода, вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, Диловар Ќодирзода, муовини вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Фарњод Рањимї, президенти Академияи миллии илмњои Тољикистон ва намояндагону мењмонон аз хориљи кишвар тавассути онлайн ширкат варзиданд. Дар кори конференсия, њамзамон, Нуриддин Муњиддинов, ректори Донишкадаи тањсилоти баъдидипломии кормандони соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон, Нурхон Њаётзода, раиси Кумитаи љумњуриявии иттифоќи касабаи кормандони соњаи

тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, Ќобилљон Ќобилов, муовини ректори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино оид ба корњои муолиљавї иштирок карда, суханронї намуданд. Сипас, конференсия кори худро дар ду бахш идома дод, ки масъалањои тиббї ва фанњои клиникї, инчунин, нигањдории тандурустї, фанњои назариявии умумитиббї ва фанњои ѓайритиббиро дарбар мегирифт. Бояд ќайд кард, ки ба конференсияи имрўза беш аз 210 нафар олимону пажўњишгарони соњаи тиб аз муассисањои гуногуни илмиву таълимии мамлакат, њамзамон, 12 нафар аз 7 кишвари хориљї (Федератсияи Россия, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Англия, Арабистони Саудї, Чин, Ќувайт) маърўзањо ва маќолањои илмии хешро пешнињод намуданд, ки фарогири масоили гуногуни бањсноки тиббї, амаливу назариявї мебошад. Баъд аз љамъбасти конференсия дастаи њунарии «Дурахшон» бо барномаи њунарии тањиянамудаашон хотири њозиринро шод намуданд. Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”


3

ХАТЛОН

ЉУМЪА, 1 январи соли 2021, №1 (3290)

Ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон Бовар дорам, ки то љашни муќаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии Истиќлолияти давлатї мо боз корњои зиёди бунёдгаронаро амалї мекунем, тамоми захираву имкониятњоро барои бунёди корхонањои хурду бузург сафарбар менамоем, барои њамватанонамон љойњои нави корї муњайё месозем ва сатњи некўањволии халќамонро боз њам бењтар мегардонем. Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН

МЕЊНАТИ СОЗАНДА АСОСИ МУВАФФАЌИЯТ АСТ

Бозоралї ОДИНАЗОДА, раиси ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї -----------------------Пешрафту шукуфої, тараќќиёти иќтисодї, иљтимоии ватани азизамон-Тољикистонро дида, њар як тољику тољикистонї, фарди соњибдилу ватанпарвар ифтихор менамояд, меболад. Дар асл низ њамин тавр аст. Бахусус, давоми бистсолаи охир, ки аз нигоњи сулњу субот, вањдату ягонагии мардуми Тољикистон, фазои рўњбахш кишварамон саршор буд, мардуми кишвар имкон пайдо намуданд, ки ба корњои ободониву созандагї бештар таваљљуњ намоянду пайи эъмору рушди мењани худ бошанд. Ногуфта намонад, ки њар як пешрафту дигаргунї, дар арсаи сиёсию иќтисодї, маорифу фарњанг, тандурустї, саноату сохтмон бе роњнамою роњбар, наќшаи созанда арзи вуљуд карда наметавонад. Ба бахти миллати тољик муњтарам Эмомалї Рањмон сари ќудрат омад ва Тољикистони мусибатзадаро аз вартаи њалокат берун кашид. Бо мењрубонии Худои таоло сулњу вањдат дар сарзамин барќарор гардида, мардум дасти њам гирифта, ба ободкории кишвар шурўъ намуданд. Давоми муддати кутоњтарин симои шањру навоњї ба таври шинохтанашаванда дигаргун гардид. Иншоотњои азим сохта, мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Њамаи ин натиљаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аст. Сарвари давлат аз њар имконияту шароити мављуда истифода бурда, мардуми Тољикистонро бо рўњияи ободкориву созандагї роњнамої кард. Ба ифтихори њар як санаи таърихї ва љашнњо ободкориро вусъат бахшид. Ривољ бахшидани корњои созандагиву бунёдкорї ба

ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолитяти давлатии Љумњурии Тољикистон низ аз зумраи онњо мебошад, ки он натиљаи дилхоњ ба бор овард. Маќсад танњо як аст: пешрафту шукуфоии Тољикистони азиз ва зиндагии шоистаи мардуми он. Дар ин раванд ноњияи Њамадонї низ чун дигар шањру навоњии љумњурї ба комёбињои назаррас ноил гардид. Дар њар як бахшу соњањои мављудаи ноњия пешравињо ба амал омаданд. Ва хосатан ин пешравї ва дигаргунињо давоми солњои охир ва аз љумла бо эълон гардидани љашни 30- солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ва ба ин муносибат вусъат бахшидани корњои созандагию бунёдкорї бештар гардиданд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия дар њамдастї бо роњбарони ташкилоту корхонањо, шахсони масъул дар ин бахш наќша- чорабинии хоса тартиб дода, бунёду таъмири 242 иншооти хурду бузургро дар ноњия ба наќша гирифтанд. Барои боз њам ривољ бахшидани корњои созандагї аввали соли 2020 шароиту имкониятњоро аз нав дида баромада, тасмим гирифта шуд, ки иловатан боз сохтмону бунёди 103 иншооти дигар ба наќша гирифта шавад. Дар кори сохтмони иншоотњои банаќшагирифта баробари маблаѓњои давлатї, соњибкорони мењанпараст, бонангу номуси ноњия сањми муносиб гузоштанд. Ин буд, ки давоми соли љорї дар арафаи иди Наврўз 30 иншооти хурду бузург, љашни Вањдати миллї 15 иншоот, Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон 35 иншоот ва давоми моњи ноябр 23 иншоот мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Роњнамоиву баракати љашни истиќлолият буд, ки дар як муддати кўтоњ роњу кўчањои байни дењањо ва мањаллањо сангфарш ва як ќисмашон мумпўш гардиданд. Ногуфта намонад, ки роњи асосї аз даромадгоњи ноњия то маркази ноњия, ки 13, 3 километрро ташкил медињад, солњои сол рўи таъмирро надида буд. Он иловатан ба наќша ворид карда шуда, бо љалби соњибкорони ватандўсти ноњия дар муњлати кўтоњтарин мумфарш гардид. Њамчунин, тасмим гирифта шудааст, ки ду канори ин роњ то маркази ноњия дарахтони сояафкану ороишї шинонда мешавад. Аллакай нињолшинонї дар ин мавзеъ оѓоз гардида, босуръат идома дорад. Баробари корњои созандагиву бунёдкорї соњаи кишоварзї, ки бахши асосии ноњия ба шумор меравад, аз мадди назар дур нест. Њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї давоми соли 2020-ум 668 миллиону 321 њазор сомониро ташкил дод, ки ин назар ба соли ќаблї 94,2 миллион сомонї зиёд аст. Давоми соли гузашта ба ќадри 13158 тонна пахта љамъоварї карда шуд, ки ин иљрои наќшаро 100 фоиз таъмин менамояд. Њамчунин, истењсоли ѓалладона бо љуворимаккаи дон 51310,1 тонна, сабзавот ба 61525,3 тонна, полезї 24843,2 тонна, меваљот 8008 тонна, гўшт 6033,7 тонна, шир 16704,7 тонна, истењсоли тухм ба 3 миллиону 201 њазор дона расонда шуд. Саршумори чорвою паранда низ нисбати соли ќаблї зиёд гардид. Ин имкон

медињад, ки соњаи чорводорї боз њам рушду тараќќї ёфта, истењсоли мањсулоти он афзун гардонда шавад. Ќобили ќайд аст, ки ањли мењнаткаши ноњия ба масъалаи самаранок иститфода бурдани замин, яъне аз як замин рўёнидани ду-се њосил, ки талаби айём аст, диќќати зарурї медињанд. Аз љумла, давоми соли 2020 бо истифодаи кишти такрорї 2548 тонна зироати ѓалладона ва лўбиёгї, 4047 тонна дони љуворї, 8449 тонна сабзавот ва 4246 тонна полезї истењсол карда шуд. Давоми соли 2020-ум 4,781 гектар боѓњои нав бунёд гардида, зиёда аз 22 њазор нињолњои гуногуни сояафкану мевадињанда шинонда шуд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон њадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардид. Дар сурати пурра амалї гардидани ин њадаф имкон пайдо мегардад, ки Тољикистони азизи мо аз кишвари аграрї ба мамлакати аграриву саноатї табдил ёбад. Аксар номгўи мањсулоти истењсолмекардаи ватанї дар њамин љо коркард шуда, ба хориљи кишвар содир гардад. Иловатан, ин амали нек боиси он мегардад, ки њазорњо нафар љавонон соњиби љои кор гарданд. Дар ноњияи мо низ ба ин масъала ањамияти љиддї дода мешавад. Соњибкорони ватандўсти ноњия ин ташаббуси наљибро дастгирї намуда, тасмим гирифтаанд, ки дар амалї гардидани ин њадафи муњим сањми худро гузоранд. Айни замон дар њудуди ноњия 68 корхонаи хурду бузурги саноатї амал менамояд, ки аз ин миќдор 64 ададаш фаъол мебошанд. Тавассути фаъолияти пурсамари онњо њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба 121 миллиону 56 њазор сомонї расонда шуд, ки иљрои дурнаморо 110,3 фоиз таъмин менамояд. Вазъи иљтимої, умуман, зиндагии мардуми ноњия сол аз сол бењтару хубтар мегардад. Аксари эњтиёљмандон бо ќитъањои замини наздињавлигї таъмин гардида, сатњи зиндагии ањолї хеле боло рафт. Мардум аз хизматрасонии иљтимоиву маишї бархўрдор буда, музди миёнаи моњонаи кормандони ноњия 805,81 сомониро ташкил дода. ќарздории музди мењнат ва нафаќаи пиронсолону маъюбон ба назар намерасад, ба љуз музди мењнати кормандони ЉСК «Тољиктелеком», ки 16500 сомониро ташкил медињад. Хуллас, агар мушкилоти хуруљи бемории коронавирус «КОВИД-19»-ро сарфи назар намоем, љамъбасти соли 2020 барои ањолии ноњия бад набуд. Дар ин самт тадбирњои мушаххас андешида шуда, бањри њифзи саломатии мардуми ноњия кори зиёде ба анљом расонида шуд. Аз фурсат истифода намуда, кулли мардуми шарафманди вилояту љумњуриро ба фарорасии Соли нави милодии 2021 аз самими дил табрик гуфта, барояшон пеш аз њама саломатї, табъи хуш, зиндагии осуда ва комёбињои нав ба навро бахри рушду нумўи Тољикистони азизамон таманно менамоям.

МАОРИФ-ПОЯИ ДАВЛАТ

Алишер ИСОЕВ, мудири шуъбаи маорифи ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї -------------------Пояи давлат намонад бе маориф устувор, Давлати поянда хоњї, рўй бар мактаб биёр. Оре, њаќ ба љониби гузаштагони мо аст, ки инро садсолањо ќабл таъкиду гўшрас карда буданд. Бузургии мактабу маориф мебошад, ки он дар њар давру замон маќому мартабаи хосе дошт. Имрўз низ мактабу маориф дар сархатти проблемаву масоили рўз ќарор дорад. Зеро ки пешрафту тараќќиёт, шукуфоии њар љамъият, зиндагии шоиста ба мактабу маориф алоќамандии ногусастанї дорад. Баъди соњибистиќлол гардидани Љумњурии Тољикистон мактабу маорифи тољик низ чун дигар кишварњои мутараќќї рў ба инкишофу пешравї нињод. Њарчанд солњои аввали соњибистиќлол гардидани љумњуриамон бар асари нооромињо як муддати муайян дар соњаи маориф бенизомиву бесарусомонї ба амал омада бошад њам, хушбахтона, баъди ба сари ќудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон соњаи маориф аз нав рушд кард, ба пешравию комёбињои нав ба нав ноил гардид. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни баромадњои худ борњо таъкид намудааст, ки «ман дар сиёсати худ маорифро дар љои аввал мегузорам». Бале, њамин тавр њам шуд. Ин буд, ки дар соњаи маориф ќонуну ќарорњои махсус ќабул ва маблаѓњои зиёде људо гардид. Иљтимоиёти муаллимон боло рафт, маоши онњо баланд гардид. Давоми солњои охир садњо биноњои нави таълимї мавриди истифода ќарор гирифта, биноњои

ќаблї таъмиру тармим ва бо таљњизоту васоити замонавии таълимї таъмин гардиданд. Чун дигар навоњии кишвар, давоми солњои соњибистиќлолї соњаи маорифи ноњияи мо низ рушду такомул ёфт, пеш рафт. Имрўз дар ноњия 41 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї, 3 муассисаи тањсилоти миёнаи асосї, 4 муассисаи тањсилоти ибтидої, 1 гимназия, 1 литсей, 1 маркази тањсилоти иловагї, њамчунин, маркази дарёфт ва рушди истеъдодњо, бахши технологияи информатсионї ва коммуникатсия ва 4 кўдакистон фаъолият менамояд. Ба таълиму тарбия 32617 нафар толибилмон фаро гирифта шудаанд, ки ба онњо 1911 нафар омўзгорон таълиму тарбия медињанд. Бо шарофати ѓамхориву дастгирии давлат дар соњаи маорифи ноњия норасоии кадрї њалли худро ёфтааст. Бо маќсади бењдошти сифати таълиму тарбия фаъолияти муассисањои таълимї, рафти машѓулияту дарсњо зери назорати ќатъї ќарор дорад. бояд гуфт, ки аз аттестатсия, акредитатсияи давлатї ва иљозатномадињї гузаронидани таълимгоњњо яке аз шохањои муњими ислоњоти соњаи маориф мањсуб меёбад. Бо ин маќсад, давоми соли 2020 дар чанд муассисаи таълимї санљишу ташхисњо гузаронида шуданд. Дар ин санљишњо фаъолияти омўзгорону роњбарони мактабњо, самаранок гузаштани дарсњо, сифати донишу дараљаи донишазхудкунии хонандагон, љобаљогузории кадрњо мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Ин буд, ки сифати таълим дар муассисањои таълимї хеле боло рафт ва он натиљаи нек дод. Дар љамъбасти олимпиадањои вилоятї хонандагони ноњия сазовори 65 медал гардида, 8 љои ифтихориро соњиб шуданд, 7 нафари дигар бошад, ба олимпиадањои љумњуриявї роњхат гирифтанд. Хонандагони ноњия Рўзигул Давлатова, Моњрў Нуриддинзода, Сомон Амирхонов, Темуршо Нуриддинзода сазовори љойи сеюм ва медали биринљї гардиданд. Эълон гардидани солњои 2020-2040 чун бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї яке аз иќдомњои дигари Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад, ки аз тарафи кулли омўзгорну шањрвандони љумњурї бо хурсандї пазируфта шуд. Ин имкон медињад, ки бахши мазкури илм низ рў ба пешравї орад, масъулияти шахсони мутасаддиро боз њам баланд бардорад. Аз љумла, дар муассисањои таълимии ноњия ин масъала дар љои аввал ќарор гирифт. Ба маќсади рушди ин фанњо соатњои иловагї муќаррар ва олимпиадањо баргузор гар-

диданд, ки дар онњо 960 нафар хонандагон ширкат варзида, дараљаи дониши худро санљиданд. Ѓолибони озмун бо туњфањои хотиравї ва ифтихорномањо ќадрдонї гардиданд. Бояд гуфт, ки ин тарзи кор рўњияи хонадагон ва шавќу завќи онњоро ба омўзиши илмњои даќиќ боз њам зиёда мегардонад. Љињати амалисозии Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалї намудани технологияњои иттилоотїкоммуникатсионї дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2022» чорањои мушаххас андешида шуданд. Аз љумла, давоми соли 2020 аснои таътили зимистона ва бањорї курсњои махсуси омўзиши компютер таъсис дода, ба ин курсњо 168 нафар омўзгорони

њам бењтар гардидани сифати таълиму донишомўзии хонандагон мусоидат намуд. Яке аз масъалањое, ки имрўз боиси ташвиши умум гардидааст, ин хуруљи бемории «СОVID-19» - коронавирус мебошад. Пўшида нест, ки ин беморї бештар дар љойњои љамъиятї ба шахси солим мегузарад. Шукр мекунем, ки дар муассисањои таълимии ноњия чунин њодиса рух надодааст. Барои њифзи хонандагон аз ин беморї тадбирњои зарурї андешида мешавад. Ба ќоидањои гигиенаи шахсї, тозагии санитарї ањамияти бояду шояд дода шуда, аз васоити эмингардонї васеъ истифода бурда мешавад. Аз љумла, тавассути синфхонањои дўзандагии мактабњо 20073 ниќоб дўхта шуданд, ки ин мавриди истифодаи хонандагон ќарор гирифтанд.

муассисањои таълимї фаро гирифта шуданд. Алњол дар мактабњои ноњия 1245 компютер, 301 принтер, 60 дастгоњи нусхабардор, 22 тахтаи электронї ва 30 видеопроектор , 432 камерањои назоратї мавриди истифода ќарор доранд. Соли љорї 1425 нафар хонандагон тавассути Маркази миллии тестї, бе ММТ 738 нафар, аз љумла тибќи квотаи президентї 21 нафар, љамъ 2163 нафар ба донишгоњу донишкадањо ва коллељу литсейњои касбї шомил гардиданд, ки 91 фоизи хатмкунандагонро ташкил медињад. Бо маќсади баланд бардоштани савияи дониш ва омўзиши таљрибаи пешќадам 500 нафар омўзгорони фанњои гуногун аз курсњои такмили ихтисос ва бозомўзї ва 208 нафар аз курсњои таълими салоњиятнок гузаштанд, ки ин ба боз

Самарабахшу босифат гузаштани дарсњо дар фасли зимистон аз бисёр љињат ба омодагї ба ин давра аст. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, раиси ноњия Бозоралї Одиназода ба ин самт диќќати хоса медињанд. Тавассути дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия 891 тонна ангишт, 956 метри мукааб њезум, 6000 литр сўзишвории дизелї захира карда шудааст. Синфхонањо бо печњои барќї ва њезумї таъмин шудаанд. Ин имкон медињад, ки давоми фасли зимистон низ тањсил хубу сифатнок гузаронида шуда, ба донишазхудкунии баланди толибилмон мусоид гардад. Мо бо боварї гуфта метавонем, ки кормандони соњаи маориф аз иљрои вазифаи ба уњдадоштаашон бо сарбаландї мебароянд.

САЛОМАТИИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Борњо ин суханро аз забони хосу ом шунидаем: «Саломатии мардум бойигарии давлат аст». Дурустии ин гуфтаро соли сипаригашта исбот намуд. Вазъи баамаломада дар соњаи тандурустї, на танњо дар љумњуриамон, балки дар љањон бар асари пайдоиши пандемия, бемории коронавирус (СОVID-19) хеле мураккаб гардид. Ба хизматрасонии баланди тиббї нигоњ накарда, наздики сад миллион нафар ба ин беморї гирифтор шуда, дањњо њазор нафар љони худро аз даст доданд. Хисороти молї, пастравии истењсолот низ хеле зиёд буд. Шукри он мекунем, ки бемории коронавирус дар љумњуриамон чандон шадид набуд. Наздики 12 њазор нафар ба ин беморї гирифтор гардид. Бояд тазаккур дод, ки паст будани дараљаи бемории коронавирус дар Тољикистон, аз як тараф, шадид набудани он бошад, аз тарафи дигар омодагї ба пешгирии ин беморї буд. Тамоми чорањои зидди пањншавии беморї роњандозї карда шуд. Аз љумла, дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї моњњои март, апрел тадбирњои сариваќтї андешида шуд. Бо супориши раиси ноњия Бозоралї Одиназода ситоди махсус таъсис дода, барои амалї гардонидани тадбирњои муњофизативу профилактикї чорањои судманд андешида шуд. Кулли муассисањо ва ташкилотњо, аз љумла муассисањои мактабї, роњњо тавассути Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологї, идораи дизенфексия ва, њамчунин, тавассути дастгирии корхонањо бо маводи зарурї безарар гардонида шуданд. Табибони ноњия низ дар ин бахш дар сархатти мардони њомии саломатї ќарор доштанд. Барои табобати ин беморї дар беморхонаи марказии ноњия, њамчунин, дар љамоатњо табобатгоњњои хоса муайян гардида, бо лавозимоти зарурї таъмин карда шуданд. То ин муддат дар ноњия 154 нафар беморони «СОVID-19» бистарї карда шуда, аз ин шумора 142 нафарашон табобат ёфта, назди ањли оилаашон баргаштанд. Дар ин бахш зањмати табибон, њомиёни саломатї. духтурони сироятшинос Шамсиддин Рањмонов, Аминљон Мадаминов ва дигар кормандони миёнаи тиббии шуъбаи сироятшиносї кам

нест. Мо ба љасорату инсондўстии кормандони шуъба офарин гуфта, ба онњо тансињативу барори кор хоњонем. Беморхонаи марказии ноњия, ки ин дам шакли госпиталї гирифтааст, дањ шуъбаи бахши бистарикунонї дорад, ки маризонро ба табобат фаро мегирад. Њамчунин,4 беморхонаи дењотї ва як беморхонаи раќамї дар хизмати мардум ќарор дорад. Ањолии ноњия, њамчунин, аз хизмати марказњои саломатї, бунгоњњои тиббии дењотї низ бањраваранд. Айни замон, дар ноњия 166 нафар духтури маълумоти олидор ва 966 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Аз љумла, дар беморхонаи маркази ноњия 62 нафар духтури маълумотиолидор, ки аз инњо 27 нафарашон категорияи олї доранд, њамчунин, 366 нафар корманди миёнаи тиббї фаъолият менамоянд. Сокинони ноњия аз мењнату муомилаи хуши кормандони бемористон, аз љумла духтурони љарроњ Салоњ Муъминов, Њабибуллоњ Љалилов, Таѓаймурод Абдуллоев, акушер - генекологњо Саида Халифаева, Саодат Мањмадалиева ва кормандони миёнаи тиббї Гулсара Абдуллоева, Солењамоњ Сафарова ва Љамила Ѓуломова миннатдор буда, изњори сипосу ќадрдонї менамоянд. Бемористон, кормандони он тамоми љидду љањди худро ба он равона намудаанд, ки дар фасли сармо-зисмистон низ хизматрасониро мувофиќи маќсад ба роњ монда, вазифаи худро бо масъулияти дучанд иљро намоянд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия барои таъмини гармї дар фасли зимистон 16 њазор сомонї људо намуд. Алњол 8 тонна ангишт, 85 куб њезум захира карда шудааст. Баробари ин, њангоми зарурат аз бухорињои барќии каммасраф низ истифода бурда мешавад. Ташвиши мо- табибон њоло низ зиёд аст. Зеро бемории коронавирус аз байн нарафтааст. Чуноне аз маълумот бармеояд, шакли нави коронавирус пайдо шудааст. Худо нигоњ дорад, ки он ба љумњурии азизамон сар надарорад. Аз ин лињоз, тамоми чорањои пешгирии бемориро андешидан мувофиќи маќсад ва талаби айём аст. Дар ин раванд набояд мо заррае ба бепарвоию фориѓболї роњ дињем. Он дастуру пешнињодњое, ки оид ба пешгирии бемории коронавирус аз тарафи кормандони бахши тандурустї пешнињод мегардад, бояд пурра риоя ва иљро шавад. Дар ин сурат мо метавонем худ ва атрофиёнро аз ин беморї њифз намоем. Дар ин бахш ба кулли мардуми шарифи љумњуриамон барору комёбї орзу намуда, тансињатии комилро таманно менамоям. Соли нав муборак, њамватанони азиз! Њасанљон РОЗИЌОВ, сартабиби бахши госпиталии беморхонаи марказbи ноњия

НИЊОЛПАРВАР Назди бозори марказии ноњия баробари дигар мањсулоти зарурии рўзгор нињолњои гуногуни мевадињандаву ороишї ба фурўш бароварда шудааст. Њарчанд он аз мавќеи љойгирифтаи бозор каме дуртар бошад њам, вале фурўшандањо мизољони худро меёфтанд. Ду-ду, се-се омада, барои боѓи худ, ќитъаи наздињавлигиашон мувофиќи зарурати худ нињол мехариданд. Аксари фурўшандањои нињол љавонон буданд. Инро дида, шод мешудам. Аз он меболидам, ки љавонон ба замин, боѓдорї рў овардаанд, роњи падарону бобоёни худро идома

мебахшанд. Дар кори сабзу зебо гардонидани ватанамон, рушди боѓдорию токпарварї сањм мегиранд. Яке аз ин љавонони нињолпарвар, ки он рўз мањсули дасти худро ба фурўш гузошта буд,

Суњроб Бобоев аст. Суњроб фарзанди дењќон аст. Дар дењаи Зафарободи Љамоати дењоти «Панљоб» зиндагиву фаъолият менамояд. Шавќи ўро ба боѓдорї падараш Мўсо Бобоев бедор карда, дар ин рўњия тарбия намудааст. Агарчи Суњроб дар хољагии нињолпарварї фаъолият менамояд, баробари ин аз ќитъаи замини наздињавлигиашон самарабахш фоида мебарад. Замини наздињавлигиашон 0,15 сотихро ташкил дода, ба оила ёрии калон мерасонад. Туфайли мењнати пурсамар даромади хубе мегирад. Чуноне Суњроб зимни суњбат иброз дошт, аз њисоби нињолпарварї соле 10-12 њазор сомонї даромад мегирад, ки ба оила ёрии калон мерасонад. Алњол дар замини наздињавлигї парвариши нињолњои себ, зардолу, нок, шафтолу, гелос, хурмо ва ѓайра ба роњ монда шудааст, ки аксари онњо барои ќўчат омода мебошанд. Чуноне Суњроб иброз намуд, ќитъаи замини наздињавлигиашон барои коркарди соли оянда омода буда, ањли оила маќсад доранд, ки онро пурсамар истифода намуда, боѓдорону хољагињои дењќониро бо нињолњои гуногуни мевадињанда таъмин намоянд. Н. ДОВАР

Масъули сањифа Наљот САФАРЗОДА, «Хатлон», узви Иттифоќи журналистони Тољикистон


4

ХАТЛОН

ЉУМЪА, 1 январи соли 2021, №1 (3290)

ФЕВРАЛ

ЯНВАР Дш

2021 Хонандагони муњтарам! «Хатлон» рўзномаи шумо ва барои шумост. Дар соли 2021 бо «Хатлон» бимонед.

3 10 17 24 31

Сш Чш Пш Чм Шб Яш

4 11 18 25

5 12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

1 8 15 22 29

6 13 20 27

7 14 21 28

1 8 15 22 29

2 9 16 23 30

3 10 17 24

4 11 18 25

5 12 19

6 13 20

7 14 21

8 15 22

9 16 23

10 17 24

26

27

28

29

30

31

1

2

3

4

5

6

8 15 22

9 16 23

10 17 24

11 18 25

12 19 26

13 20 27

29

30

Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

17 24

18 25

12 19 26

6 13 20 27

7 14 21 28

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

1 8 15 22

5 12 19 26

2 9

3 10

4 11

5 12

6 13

7 14

5

16 23 30

17 24 31

18 25

19 26

20 27

21 28

12 19 26

1

2

3

4

6 13

7 14

8 15

9 16

10 17

11 18

20

21

22

23

24

15

27

28

29

30

1

2

3

4

6 13

7 14

8 15

9 16

10 17

11 18

20

21

22

23

24

25

27

28

29

30

31

1 2 9 16 23 30

3 10

4 11

5 12

6 13

7 14

8 15

17 24

18 25

19 26

20

21 28

22

27

29

31

ОКТЯБР

НОЯБР

ДЕКАБР

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

4 11 18 25

5 12

6 13

7 14

19 26

20 27

21 28

1

2

3

4

5

7

8

9

11

15 22

16 23

12 19

20

14 21

10 17

27

28

29

30

1

2

3

1

2

3

4

5

6

7

8

9 16

10

8

9

10

11

13

17 24

15 22

16 23

17 24

18 25

12 19

14 21

6 13

28

31

29

30

15 22 29

23 30

Соли нави 2021 фаро расид. Мо онро бо умеду орзуњои зиёд интизор будем. Зеро соли 2020 соли вазнин омад. Аз љумла сирояти вируси бемории оламгири коронавирус љањониёнро ба тањлука оварда, ба иќтисодиёту рушди соњањо ва њаёти мардум зиёни худро расонд. Акнун мардум ба хотири ояндаи нек ба соли нави 2021 ќадам монда, мехоњанд «COVID- 19»-ро низ њамроњи соли 2020 ба сањифаи таърих гусел кунанд. Дар арафаи Соли нави мелодї бо чанд нафар ашхоси касбу кори гуногун суњбат намуда, таассуроташонро аз соли сипаргардида ва интизорињои онњоро аз соли нави 2021 пурсон шудем. Инак, муњтавои онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон

16 23

5

АПРЕЛ

29

АЗ СОЛИ НАВ УМЕДИ КАЛОН ДОРЕМ

«ХАТЛОН»

4 11

МАРТ

26

20 27

ТАМАННИЁТИ СОЛИНАВЇ

-Шумо ва табибони шањри Бохтарро бо фарорасии Соли нав табрик мегўем. -Ташаккур, ман низ њайати эљодии рўзномаи «Хатлон»-ро шодбош мегўям. -Соли нав ба Шумо чї таассуроте боќї гузошт? -Лањзањои хотирмони сол ба ман њамчун корманди соњаи тандурустї, он буд, ки Њукумати кишвар ва махсусан Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, ба рушди соња таваљљуњи хоса зоњир намуданд. Махсусан ѓамхорї ба соњаи тандурустии вилояти Хатлон, аз љумла шањри Бохтар, тайёр кардани мутахассисони љавони соња, бунёди муассисањои тањсилу табобатї, хизматрасонии босифати тиббї ба мардум беш аз пеш ба мушоњида мерасад. Ташрифњои Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон ба шањри Бохтар барои куллї мардуми шарифи ин минтаќа хотирмон буд. Бо ќадамњои пурфайзу баракати Сарвари давлат њусни шањр љилои дигар гирифт. Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар баробари дигар иншоотњо, инчунин, Маркази ташхиси тиббии “Дурахш”, бинои иловагии муассисаи ѓайридавлатии коллељи тиббї-иљтимої (9 майи соли 2020), муассисаи ѓайридавлатии таълимии коллељи тиббиро (23 сентябри соли 2020) ифтитоњ карданд. Бо дастгирии бевоситаи роњбарияти Вазорати

3 10

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

14 21 28

Фарњод ИСОЗОДА, роњбари муассисањои кумаки аввалияи тиббию санитарии шањри Бохтар

2 9

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

16 23 30

ОРЗУИ ТАБИБОН СИЊАТИИ МАРДУМ АСТ

1 8 15 22

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

7

5 12 19 26

3

АВГУСТ

2 9

Сш Чш Пш Чм Шб Яш

2

ИЮЛ

СЕНТЯБР Дш

1

Дш Сш Чш Пш Чм Шб Яш

ИЮН

МАЙ Дш

4 11 18 25

Сш Чш Пш Чм Шб Яш

тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ба муассисањои кумаки аввалияи тиббию санитарии шањри Бохтар (КАТС) дастгоњи рентгении раќамї (арзишаш 1 миллиону 600 њазор сомонї), дастгоњи ултрасадо, 8 адад оксигенератор (дастгоњи њаводињии сунъї), 8 дастгоњи њуљрагии сабти фишори шараёнї, 5 дастгоњи ташхисии њуљрагї барои табибони гўшу гулу ва бинї дода шуд. Њамчунин њуљраи навбатдории шабонарўзї ташкил дода шуд. Он бо доруњои лозима таъмин буда, дар ин љо барои ќабули беморон њама шароит муњаёст ва мутахассисони ботаљриба ба онњо кумаки аввалияи тиббї мерасонанд. Дар ояндаи наздик бошад, таъмиру азнавсозии толори маљлисгоњи муассиса дар назар аст. Дастгоњњои њаводињии сунъї сайёр буда, онро дар хонаи ашхоси бемор низ истифода бурдан мумкин аст. Дар соли рафтаистода барои фароњам овардани шароити корї ва хизматрасонии босифати тиббї њуљрањои ќабули беморон ва њуљрањои кории маъмурияти муассиса таъмиру азнавсозї, инчунин, бо таљњизоти муосир муљањњаз гардонида шуданд. -Оё соли сипаришуда хотироти нохуше њам дошт? -Соли одї набуд. Сирояти вируси «COVID-19» ба раванди зиндагии мардум душворињо ворид сохт. Хушбахтона, имрўзњо сирояти коронавирус дар кишвар ба маротиб коњиш ёфтааст. Корњои пайвастаи фањмондадињї, суњбату вохўрии мутахассисони соњаи тандурустї бо мардум аз љумлаи тадбирњое буданд, ки ба кам шудани ин беморї мусоидат карданд. Ин маънои онро надорад, ки акнун бепарвоиро ихтиёр кунем. Мо-табибон ба мардум тавсия медињем, ки њаргиз

ба беањамиятї роњ надињанд, ќоидањои бењдоштиро риоя намуда, дар маконњои серодам ва дохили наќлиёти мусофирбар ниќоб дошта бошанд, фосилаи байнињамдигариро нигоњ доранд. -Орзуи солинавии Шумо. -Орзуи њар як табиб сињатии мардум аст. Бигзор ањли љомеаи Тољикистони азиз бедарду ѓам бошанд. Орзу дорам, ки Соли 2021 соли сињатии мардум гардад!

Дар њар як хонадон хушбахтї бошад Зебо КЎЧАРОВА, сокини ноњияи Љалолиддини Балхї -Зебо, Соли навро бароятон табрик мегўем. -Рањмат, ба шумо њам фарорасии соли нав муборак бошад! -Тавре ки огоњї ёфтем, дар соли сипаришуда кори хайреро анљом додед... -Албатта, ин кирои таъриф нест. Ман аз рўи имкон ба ашхоси ниёзманд кумаки хоксорона расондам. - Лутфан онро шарњ медодед. -Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ашхоси ниёзманд, аз љумла маъюбону ятимонро дастгиру ѓамхор аст. Онњоро танњо нагузошта, сарпарастї мекунад. Сарвари давлат борњо ба шахсони саховатпеша ва онњое ки имконияти ба љо овардани амали хайрро доранд, мурољиат намуда, таъкид кардаанд, ки табаќаи камбизоату муњтољро њамеша дастгирї кунанд. Ин суханони падаронаи Пешвои миллат маро низ водор намуд, ки дар кори савоб сањме бигирам. Њамин тавр, аз њисоби буљаи оилавї 100 љуфт љўроби пашмин бофта, ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати љумњуриявии кўдакони ятим ва бепарастори ноњияи Љалолиддини Балхї таќдим намудам. Дар ин лањзањо дар лабони онњо табассумро дида, худро хушбахт дарёфтам. -Таманнои Шумо дар соли нав. -Соли 2021 барои кулли мардуми ватани азизамТољикистон соли сулњу субот, вањдати миллї ва соли пурфайзу баракат бошаду он ба њар як хонадон хушбахтї орад, амалњои неки хайру саховат зиёд гардад, муњтољону бепарасторон дар љомеа худро яккаву танњо њис накунанд. С. АТТОР, «Хатлон»

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Саттор ЌАРАХОНОВ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

24 31

18 25

26

ДАСТОВАРДЊОИ СОЊАИ КИШОВАРЗЇ ДАР СОЛИ 2020 Истифодаи самарабахши имкониятњо дар самти рушди бахшњои гуногуни соњаи кишварзї мусоидат намуд, ки танњо дар 11 моњи соли 2020 дар њамаи шаклњои хољагидории вилояти Хатлон њаљми умумии мањсулоти кишоварзї ба 15 миллиарду 728,7 миллион сомонї баробар гардад, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 108,8%-ро ташкил дода, ин нишондод дар соњаи растанипарварї 109,1% ва ба соњаи чорводорї 107,8% рост меояд. Ба њолати 1 декабри соли 2020 дар њамаи бахшњои хољагидории вилоят истењсоли ѓалладонагињо ба 956,3 њазор тонна, пахта 273,4 њазор тонна, картошка ба 167,4 њазор тонна, сабзавот ба 1438,1 њазор тонна, полезињо ба 576,0 њазор тонна, меваљот ба 206,6 њазор тонна ва ангур ба 106,4 њазор тонна расонида шуд. Дар ќиёс ба њамин давраи соли 2019 истењсоли ѓалладонагињо 100,9 њазор тонна, пахта 9811,3 тонна, сабзавот 188,4 њазор тонна, полезї 42648,5 тонна, мевагињо 7406,2 тонна ва ангур 2386 тонна зиёд мебошад. Љињати нигоњдории мањсулоти кишоварзї, захира намудани мањсулот ва таъмини бозори истеъмолї ба 1-уми декабри соли 2020 дар шањру ноњияњои вилоят 47 анбор бо иќтидори 5597 тонна ва 50 сардхона бо иќтидори 20040 тонна мањсулоти кишоварзї барои захираи маводи аввалияи ѓизої омода мебошанд. Ба имрўз дар анборхонањо 613 ва дар сардхонањо 1675 тонна, дар маљмўъ 2288 тонна мањсулоти кишоварзї нигоњ дошта мешавад, ки аз ин 634,0 тонна пиёз, 805,0 тонна сабзї, 97,0 тонна картошка, 213,0 тонна себ, 7,0 тонна нок, 91,0 тонна анор, 40,0 тонна ангур ва 401,0 тоннаи онро дигар мањсулотњо ташкил медињанд. Соли 2020 дар 14 фабрикаи парандапарварии вилоят, саршумори паранда ба 607 њазору 500 сар расонида шудааст, ки ин нишондод дар муќоиса ба њамин давраи соли гузашта 134 њазору 755 сар зиёд мебошад. Дар доираи рушди соњаи моњипарварї соли 2020 шумораи хољагињои моњипарварї дар вилоят ба 260 расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Истењсоли моњї ба 1-уми декабри соли 2020 ба 1891,1 тонна расонида шуд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 179,6 тонна зиёд аст

Љамолиддин САЙФИДДИНОВ, “Хатлон” ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи гумшудаи БП №609037, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1978 МТМУ №26-и ноњияи Кўшониён ба Мирзоев Љунайдулло Исматович додааст, эътибор надорад. Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 1.01.2021 иљозат дода шуд. Адади нашр: 11000 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Рузномаи Хатлон шумораи №1 2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu