Skip to main content

Шумораи №33

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №33 (3218)

љумъа, 9 августи соли 2019

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

«Бовар дорам, ки мардуми њимматбаланд ва бонангу номуси ноњияи Ховалинг дар оянда низ бо зањмати созанда барои боз њам ободу зебо гардонидани зодгоњи хеш ва Ватани мањбубамон сањми ватандўстонаи худро мегузоранд». Эмомалї РАњмон

Идомаи сафари кории Пешвои миллат дар ноњияи Ховалинг Ифтитоњи шуъбањои нав дар Беморхонаи марказї

Сарвари давлат: «Ховалинг минтаќаи хушбоду њаво ва дорои имкониятњои истењсолї мебошад Cуханронии Эмомалї Рањмон, Президенти Љумњурии Тољикистон дар вохўрї бо роњбарон ва фаъолони ноњияи Ховалинг, 7 августи соли 2019 Њамватанони азиз! Ќабл аз њама, ба хурду бузурги ноњияи Ховалинг ва ба њар яки шумо, њозирини гиромї, барои пазироии самимии Роњбари давлат арзи сипос карда, ба хонадони њамаи сокинони ноњия файзу баракат ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям. Имрўз мо бо натиљањои зањмати ањлонаи сокинони ноњия шинос шудем ва эътимод њосил кардем, ки тайи солњои охир рушди иљтимоиву иќтисодии ноњияи Ховалинг ва дењоти он вусъати тоза гирифта, шароити зиндагии мардуми он хеле бењтар ва симои ноњия замонавию зебо гардидааст. Ноњияи Ховалинг яке аз минтаќањои хушбоду њавои мамлакат ва дорои имкониятњои фаровони истењсолї буда, мардуми зањматќарини он бо истифода аз шароити мусоиди иќлим ва захирањои бойи табиї барои бењтар гардонидани сатњу сифати зиндагї, пешрафти диёр ва кишвари хеш сањми ватандўстонаи худро гузошта истодаанд. Тамоми сокинони кишвар њар рўз шоњиди ба истифода додани иншооти мухталифи иќтисодиву иљтимої њастанд ва дарк кардаанд, ки њоло раванди ободониву созандагї дар саросари мамлакат ба як љабњаи бузург табдил ёфтааст ва мардуми бонангу номуси мо ба хотири ободу зебо гардонидани диёри худ софдилона зањмат кашида истодаанд. Бунёди коргоњу корхонањои нави истењсолї, биноњои хуштарњи иљтимої, яъне муассисањои таълимиву тиббї, роњу пулњои нав, таъмиру барќарорсозии иншооти мављуда ва фаъолияти муназзами муассисањои хизматрасонї дар тамоми кишвар, аз љумла ноњияи Ховалинг далели равшани сол то сол ободу пешрафта гардидани сарзамини бињиштосоямон мебошад. Бо истифода аз фурсат, ба њамаи мардуми сарбаланди ноњияи Ховалинг, ки дар баробари сокинони дигар шањру ноњияњои кишвар барои ободонии ватани аљдодии худ бо њисси баланди масъулият ва ифтихори ватандорї зањмат мекашанд, миннатдории самимї баён менамоям. Имрўз дењаи Ховалинг, ки маркази маъмурии ноњияи Ховалинг мањсуб меёбад, ба яке аз мавзеъњои ањолинишини аз лињози иљтимоиву фарњангї муњим табдил ёфта, рушди иќтисодї ва афзоиши шумораи ањолии он торафт вусъат гирифта истодааст. Бо дарназардошти ин раванд, 8 июли соли љорї Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор ќабул кард, ки тибќи он ба дењаи Ховалинг маќоми шањрак дода шуд. Тибќи маълумот ба истиќболи арзандаи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Ховалинг сохтмони зиёда аз 330 иншооту биноњои иљтимоиву хизматрасонї, корхонаву коргоњњои бофандагиву дўзандагї ва коркарди мањсулоти кишоварзї ба наќша гирифта шудааст ва корњои ободониву бунёдкорї рўз ба рўз вусъат ёфта истодаанд. То имрўз аз љониби соњибкорони мањаллї бунёду азнавсозии 110 муассисаву иншооти хизматрасонї ба итмом расида, 51

километр роњњои мањаллї таъмир гардидаанд ва дар масофаи 4 километр корњои соњилмустањкамкунї ба анљом расонида шудаанд. Инчунин, 15 хонаи истиќоматї барои 15 оила бунёд ва барои 15 нафар ќитъаи замин људо карда шудааст, 6 муассисаи таълимї барои 2300 нафар хонанда, 12 синфхонаи иловагї бо 240 љойи нишаст, 5 маркази саломатї, 5 мењмонхона, 18 маркази хизматрасониву савдо, 2 беморхонаи дорои 170 кат, боѓи фарњангу фароѓат ва гулгашти замонавї бо майдони Парчам ва Нишони давлатї дар маркази ноњия, амфитеатр бо 1000 љойи нишаст, 2 бинои маъмурии љамоати дењот, 4 коргоњи дўзандагї бо 100 адад дастгоњ, 3 коргоњи хиштбарорї, 10 варзишгоњи хурд, толори варзиш ва майдончаи бозии кўдакон, чандин таваллудхонаву дорухона, китобхонаву ошхона, њаммому сартарошхона ва дигар иншооти иљтимоиву хизматрасонї сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, фурудгоњи ноњия таъмир ва барои истифода омода гардида, дар мањалњои ањолинишин ба масофаи 6 километр хатти барќ, 11 километр хатњои оби нўшокї кашида шудаанд ва 21 километр кўчаву хиёбонњо чароѓон ва 500 гектар замин обёрї гардидааст. Барои ободониву гулзоркунии мањалњо зиёда аз 30 њазор бех нињол шинонида, 140 гектар боѓњои нав, аз љумла 16 гектар боѓи интенсивї бунёд гардидаанд. Илова ба корњои зикршуда, њамчунин, 116 хонаи истиќоматї ва дањњо иншооту биноњо, аз љумла, муассисањои таълимї, марказњои саломатї, мактаби мусиќї, 13 километр роњњои мошингарду 8 пул, бинои шуъбаи корњои дохилї, варзишгоњи марказї ва иншооти дигар аз таъмири асосї бароварда шудаанд. Тибќи наќшаи тасдиќгардида аз њисоби љалби сармояи мустаќими дохилї ва соњибкорони ватанї маблаѓгузории 88 миллион сомонї пешбинї гардида, то имрўз ба маблаѓи умумии зиёда аз 53 миллион сомонї корњои сохтмону ободонї ба анљом расонида шудаанд. Њукумати мамлакат дар доираи татбиќи стратегияву барномањои давлатї ва тавассути андешидани тадбирњои пайваста барои расидан ба њадафњои миллї тамоми захираву имкониятњоро сафарбар намуда, дар давраи соњибистиќлолї барои рушди ноњияи Ховалинг аз њисоби сарчашмањои буљетї беш аз 400 миллион сомонї равона кардааст. Бо маќсади таъмин намудани рушди бомароми ноњия дар се соли охир 122 миллион сомонї равона гардида, танњо барои соли љорї беш аз 43 миллион сомонї ба наќша гирифта шудааст. Њоло дар ноњия 9 лоињаи давлатии сармоягузорї дар соњањои маориф ва наќлиёту кишоварзї амалї шуда истодааст, ки маблаѓи умумии дар доираи онњо то имрўз азхудшуда ќариб 230 миллион сомониро ташкил медињад. Соли 2018 барои дастгирии соњибкории хурду миёна аз љониби бонкњо ва ташкилотњои ќарзї 5 миллион сомонї ќарз дода шудааст, ки назар ба соли 2017-ум 1,3

миллион сомонї зиёд мебошад. Аммо ин нишондињанда дар муќоиса бо се-чор соли ќаблї коњиш ёфтааст, ки чунин њолат, пеш аз њама, натиљаи фаъолияти номуназзами ташкилотњои ќарзї буда, зарур аст, ки камбудии мазкур њарчи зудтар бартараф карда шавад. Тибќи маълумоти оморї соли 2018 дар корхонањои саноатии ноњия ба маблаѓи 290 миллион сомонї мањсулот истењсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2017ум 12 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар 5 моњи соли љорї аз 12 корхонаи саноатии ноњия танњо 6 корхона фаъолият карда, дар онњо ба маблаѓи њамагї 47 миллион сомонї мањсулот истењсол шудааст, ки дар муќоиса бо њамин давраи соли 2018 34 миллион сомонї ё 44 фоиз кам мебошад. Чунин вазъ нигаронкунанда буда, аз роњбарони ноњия ва масъулону мутахассисони корхонањо андешидани тадбирњои бетаъхирро таќозо менамояд. Барои бењсозии нишондињандањои соњаи саноати ноњия ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва вазорату идорањои марбута зарур аст, ки бо дарназардошти имкониятњои мављуда ба бунёди корхонањои коркарди мева, аз љумла истењсоли шарбату нўшокињои мевагї, мањсулоти ширї ва истењсоли масолењи сохтмон эътибори љиддї зоњир намоянд. Њамзамон бо ин, зарур аст, ки захирањои табиии ноњия, аз љумла тилло ба таври самаранок истихрољ ва коркард карда шуда, сањми ин бахш барои бо шуѓл таъмин намудани ањолї баланд бардошта шавад. Яке аз омилњои муњимми рушди шањру ноњияњо таъмин будани иншооти иљтимоиву иќтисодї бо неруи барќ ба њисоб меравад. Гарчанде дар давоми як сол дар ноњия 9 трансформатори барќї, зиёда аз 150 симчўб ва 15 километр ноќилњои барќї насб карда шудаанд, лекин аз истифодаи неруи барќ мањрум будани 5 дењаи ноњия ва ба зиёда аз 7 миллион сомонї расидани маблаѓи ќарзи истифодаи барќ яке аз мушкилоти љиддии ноњия мебошад, ки бояд њарчи зудтар њаллу фасл карда шавад. Соли 2018 њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї дар ноњия 175 миллион сомониро ташкил дода, дар муќоиса бо соли гузашта 10 миллион сомонї зиёд гардидааст. Дар панљ моњи соли љорї њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї ба беш аз 9 миллион сомонї расонида шудааст, ки назар ба њамин давраи соли гузашта 320 њазор сомонї зиёд мебошад. Вобаста ба масъалаи рушди соњаи кишоварзї ман доим таъкид менамоям, ки азхудкунии заминњои нав ва истифодаи оќилонаи онњо, барќарорсозии боѓњои куњна, бунёди боѓњои нав, таъминот бо оби полезї ва татбиќи технологияњои муосир омилњои асосии афзоиш додани мањсулоти кишоварзї ва бо њамин васила амалї намудани яке аз њадафњои миллиамон - њифзи амнияти озуќаворї ба њисоб меравад. Њарчанд ки соли 2018 дар ноњия 120 гектар боѓњои нав бунёд

гардида, 15 гектар боѓњои куњна барќарор ва 3 насоси обкашї ба кор дароварда шудаанд, вале бо об таъмин набудани 1600 гектар заминњои кишоварзї, набудани сардхонањо, коргоњњои коркарди мањсулоти кишоварзї, риояи нокифояи агротехникаи парвариши зироат ва коркарди боѓњо, корношоям гардидани техникаву таљњизоти кишоварзї, норасоии тухмињои хушсифати ѓалладонагї ва картошка барои рушди соња мушкилот ба миён овардааст. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноњияи Ховалинг вазифадоранд, ки дар њамкорї бо вазоратњои кишоварзї, молия, рушди иќтисод ва савдо, кумитањои давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, идораи замин ва геодезї, Агентии бењдошти замин ва обёрї љињати рафъи мушкилоти љойдошта тадбирњои зарурї андешанд. Илова ба ин, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва ноњияро зарур аст, ки якљо бо Вазорати кишоварзї ва дигар сохтору маќомоти дахлдор ба масъалаи истифодаи самараноки замин ањамияти љиддї зоњир намуда, љињати бо усулњои муосир ба роњ мондани парвариши дарахтони мевадињанда, яъне бо истифода аз обёрии ќатрагї бунёд кардани боѓњои интенсивї ва афзун намудани содироти меваи аз лињози экологї тоза, инчунин, зиёд кардани майдони заминњои кишти картошка ва афзоиш додани саршумори чорвои хушзот чораљўї намоянд. Соли гузашта дар ноњия зиёда аз 61 тонна асал истењсол карда шудааст, вале ин нишондињанда нисбат ба имкониятњои ноњия хеле паст мебошад ва зарур аст, ки барои зиёд кардани оилаи занбўри асал тадбирњои иловагї андешида шаванд. Чунки ин соња яке аз роњњои афзоиш додани љойњои корї, даромади ањолї ва содироти мањсулот мебошад. Коршиносони соња болоравии нархи асалро дар бозорњои љањонї пешгўї карда истодаанд. Зеро соли љорї бо сабаби таѓйирёбии иќлим дар як ќатор кишварњо ќисми зиёди оилањои занбўри асал нобуд шудааст. Њозирини гиромї! Дар ноњия то имрўз бо истифода аз имкониятњои мављуда дар самти бењтар кардани вазъи роњњо ва хизматрасонии наќлиётї як силсила корњо амалї карда шудаанд. Аммо то њанўз дар ин самт камбудиву норасоињо ба мушоњида мерасанд. Аз љумла то њол кам будани хатсайрњои байни дењањо, ки аз маркази ноњия дар масофаи хеле дур ќарор доранд, барои сокинон мушкилоти зиёд пеш овардааст. Роњбарони сохтору маќомоти мањаллї вазифадоранд, ки доир ба њалли ин масъала бо истифода аз имкониятњои худї чораљўї намоянд. Њарчанд ки барои таъмиру таљдиди роњњои њудуди ноњия мунтазам маблаѓњои зарурї равона карда мешаванд, вале то ба њол 208 километр роњњои дохилї таъмирталаб мебошанд. Бояд гуфт, ки охири соли 2017 (Давомаш дар сањ. 2)

Дар идомаи сафари корї Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бинои наву замонавии шуъбањои љарроњї ва кўдаконаи Беморхонаи марказии ноњияи Ховалингро мавриди истифода ќарор доданд. Бинои нави тандурустї дар ноњияи Ховалинг аз ду ошёна иборат буда, дорои 40 кати хоб ва њуљрањои муљањњаз бо дастгоњњои муосири тиббї мебошад. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон аз шуъбањои љарроњї ва кўдаконаи Беморхонаи марказии ноњияи Ховалинг дидан намуда, бо шароити муосири муњайёгардида дар онњо аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки корњои сохтмонї дар ин иншоот аз љониби Кооперативи истењсолї – тиљоратии «Нигини Сулаймон» анљом дода шуда, дар љараёни корњои сохтмонї 50 нафар сокини мањаллї бо љойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Дастгоњу таљњизоти шуъбањои нави беморхона аз кишварњои пешрафтаи љањон харидорї гардида, аз љониби мутахассисони соња васлу насб карда шудаанд. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон аснои шиносої бо шароити муосири хизматрасонї дар ин бинои муосири тандурустї, ки дар доираи омодагињо ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сохта шу-

дааст, ба табибон барои истифодаи пурсамар аз ин имконот маслињатњои муфид доданд. Тавре таъкид гардид, бо мавриди истифода ќарор гирифтани шуъбањои нави Беморхонаи марказї имкони ташхису табобат ва анљоми амалиёти гуногуни љарроњї дар дохили ноњия пурра фароњам гардид. Зеро ќаблан ниёзмандону беморон барои ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти гуногуни љарроњї ба шањри Кўлоб ва пойтахти мамлакат – шањри Душанбе мерафтанд, ки он харљи зиёди маблаѓ ва ваќтро талаб мекард. Акнун бо мавриди истифода ќарор гирифтани шуъбањои нави Беморхонаи марказї мушкили ањолии 60-њазорнафараи ноњияи Ховалинг њалли худро пайдо намуд.

Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суњбати самимї бо кормандони Беморхонаи марказии ноњияи Ховалинг ифтитоњи шуъбањои навро туњфаи арзишманди давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон дар доираи омодагињо ба 30-солагии Истиќлолияти давлатї маънидод карда, љињати истифодаи пурсамар аз имконоти муњайёгардида дастуру њидоятњои судманд доданд. Масоњати умумии бинои шуъбањои љарроњї ва кўдаконаи Беморхонаи марказии ноњияи Ховалинг наздики 1 гектарро дарбар гирифта, атрофи иншоот дар доираи иќдомњои созанда сабзазор гардонида шудааст. Њамчунин, дар сањни бино ду айвончаи зебо сохта мавриди истифода ќарор гирифтааст.

Ифтитоњи бинои Њизби Халќии Демократии Тољикистон

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар идомаи боздиди корї аз ноњияи Ховалинг бинои нави Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ин ноњияро ифтитоњ намуданд. Бинои Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришњои бевоситаи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти омодагињо ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатї аз љониби соњибкорони ватанї дар кўтоњтарин муњлат дар масоњати 240 метри мураббаъ бо сатњу сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њангоми боздид аз бинои нав ва шиносої бо шароити муосири кору фаъолият дар он ба иќдоми соњибкорони ватанї бањои арзанда дода, иќдоми онњоро шоистаи дастгирї ва намунаи ибрат арзёбї карданд. Бинои хуштарњу замонавии Кумитаи иљроияи

Њизби халќии демократии Тољикистон дар ноњияи Ховалинг бо тамоми таљњизоти кору фаъолият, аз љумла технологияи муосир таьмин мебошад ва аз 5 утоќи корї ва њуљрањои ёрирасон иборат аст. Дар рафти корњои сохтмонї дар иншоот 44 нафар сокини мањаллї бо шуѓл ва маоши хуб таъмин буданд. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар ќабати якуми он маљлисгоњ ва утоќи корї ва дар ошёнаи дуюм 4 утоќи корї барои кормандон љойгир карда шудааст. Ба Роњбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Ховалингро љавонон ташкил медињанд ва онњо аз технология ва илмњои муосир ба хубї

бархўрдоранд. Дар се шуьбаи Кумитаи иљроияи Њизби халќии демократии Тољикистон дар ноњияи Ховалинг љавонони лаёќатманд кор мекунанд ва онњо дар тарѓибу ташвиќи сиёсати созандаи давлату Њукумати Тољикистон дар ин ноњия пайваста дар талошанд. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон пас аз шиносоии пурра бо рафти кору фаъолият ва имконоти муосир дар бинои нави Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Ховалинг ба сифати корњои анљомёфта бањои баланд дода, кормандонро ба хидмати содиќонаву софдилона ба нафъи давлату миллати тољик њидоят намуданд. Дар њамин љо Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба кормандони њизб дар ноњияи Ховалинг як адад наќлиёти сабукрави замонавї туњфа намуда, иншоотро бори дигар барои онњо табрику тањният гуфтанд.

Мулоќот бо сокинону фаъолони ноњияи Ховалинг 7 августи соли 2019 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пас аз шиносої ба натиљаи зањмати ањлонаи сокинони ноњия ва ифтитоњи як ќатор иншооти таъйиноти гуногун бо фаъолон ва сокинони ноњияи Ховалинг мулоќоти самимї анљом доданд. Дар оѓози мулоќот Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сокинони ноњияро бо фарорасии љашни фархундаи 28-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва ифтитоњи як ќатор иншооти нави маъмурию хизматрасонї табрику тањният гуфта, иброз доштанд, ки ифтитоњи иншооти муњим дар марказ ва дењоти ноњия нишона аз татбиќи амалии дастуру супоришњои роњбарияти олии давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошад. Изњори боварї карда шуд, ки сокинони бонангу номуси ноњияи Ховалинг дар оянда низ дар

татбиќи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Њукумати мамлакат бо неруи тозаву ѓайрати дучанд иштирок намуда, барои истиќболи сазовори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо њисси баланди ватандўстї зањмат мекашанд. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон барои бењтар гардонидани нишондињандањои рушди иќтисодию иљтимоии ноњияи Ховалинг ба роњбарияти вазорату идорањои дахлдор, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии вилоят ва ноњия дастуру супоришњои мушаххас доданд. Сокинони зањматќарини ноњия дар мулоќот бо Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон изњор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришњо ва таваљљуњу дастгирињои пайвастаи роњбарияти олии давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон минбаъд низ бањри ободию пешрафти бештари ноњия зањмат мекашанд.


2

ХАТЛОН

Сарвари давлат: «Ховалинг минтаќаи хушбоду њаво ва дорои имкониятњои истењсолї мебошад (Аввалаш дар сањ. 1) роњи Восеъ – Ховалингро ба масофаи 88 километр ба маблаѓи умумии ќариб 320 миллион сомонї таљдиду азнавсозї карда, ба истифода супорида будем, ки 48 километри он ва 180 миллион сомонї аз харољоти умумї ба њудуди ноњияи Ховалинг рост меояд. Имрўз роњи Данѓара - Кангурт – Балљувон – Ховалинг ба масофаи 45 километр бо 3 пули мошингард тибќи меъёрњои муосир пурра азнавсозї ва ифтитоњ гардид. Ин ќитъаи роњ имконият медињад, ки сафари мардум ба шањри Душанбе як соат кўтоњ гардида, интиќоли молу мањсулот бо харољоти камтар анљом дода шавад. Ќобили зикр аст, ки тайи ду соли охир дар натиљаи бењтар гардидани вазъи роњњо дар њудуди ноњия садамањои наќлиётї умуман ба ќайд гирифта нашудаанд. Њол он ки солњои пеш њар сол 10-15 садамањои наќлиётї бо оќибатњои вазнин ва њатто марги одамон рух медоданд. Њамдиёрони азиз! Ноњияи Ховалинг бо таърих ва фарњанги ѓании худ маълуму машњур мебошад, зеро дар њудуди он шумораи зиёди ёдгорињои таърихиву фарњангї, аз ќабили мазори Султон Увайси Ќаранї, Боѓ – осорхонаи Восеъ, шањри Мунки ќадим, бошишгоњњои одамони асри санг, маъбади буддоии Чепол мављуданд, ки барои сайёњони дохиливу хориљї љолиб мебошанд. Аз ин лињоз, таъкид менамоям, ки обод нигоњ доштани мавзеъњои табииву таърихї ва њарчи бештар љалб кардани сайёњони дохиливу хориљї аз љумлаи вазифањои муњимтарини роњбарону масъулони ноњия ва Кумитаи рушди сайёњї ба њисоб меравад. Илова ба ёдгорињои нодири таърихї ва табиати зебои ин диёр муњайё сохтани инфрасохтори зарурї барои рушди сайёњї, бахусус, сайёњии табобативу экологї ва љалби сайёњони дохиливу хориљї яке аз воситањои асосии бо љойи кор таъмин намудани ањолї ва бењтар гардонидани сатњи зиндагии сокинони ноњия мебошад. Таъкид месозам, ки ин раванд бояд, махсусан, дар доираи чорабинињои солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї вусъ-

ат дода шавад. Бо дарназардошти ањамияти бузурги мактабу маориф барои ояндаи миллату давлат Њукумати мамлакат маблаѓгузории соњаро сол ба сол зиёд мекунад. Агар маблаѓгузорї ба соњаи маорифи ноњияи Ховалинг дар соли 2010-ум 6,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондињанда дар соли љорї ба 19 миллион сомонї расидааст, яъне ќариб се баробар афзоиш ёфтааст. Дар замони соњибистиќлолї дар ноњия аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї 39 бинои нав ва биноњои иловагї дар назди муассисањои таълимї барои 4300 љойи нишаст ба маблаѓи умумии 44 миллион сомонї сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз љумла, солњои 2017-2018 ва шаш моњи соли 2019-ум 6 бинои нав барои 2300 љойи нишаст сохта, мавриди бањрабардорї ќарор гирифтааст ва њоло бунёди 5 муассисаи таълимии муосир идома дорад. Њамзамон бо ин, сохтмону азнавсозии 5 муассисаи таълимии дар њолати садамавї ќарордошта, 15 муассисаи таълимї дар дењањои навбунёд, бинои шуъбаи маориф, маркази тањсилоти иловагї ва маркази дарёфт ва рушди истеъдодњо ба наќша гирифта шудааст. Њоло азнавсозии 2 муассисаи таълимии садамавї - муассисаи тањсилоти умумии асосии раќами 27 барои 360 љойи нишаст ва муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 9 барои 480 нафар хонанда идома дорад. Имрўзњо бо маќсади дастгирии соњаи маориф аз љониби соњибкорони бонангу номуси ватанї низ иќдомоти ватандўстона амалї шуда истодаанд. Шахсони њимматбаланди ноњия дар њамкорї бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатї аз соли 2018 то имрўз дар назди муассисањои тањсилоти ми-

ёнаи умумї биноњои таълимии замонавї барои 1270 нафар хонанда, инчунин, синфхонањои иловагї сохта, ба истифода додаанд. Бо вуљуди ин, дар соњаи маорифи ноњия як ќатор камбудиву мушкилот низ ба назар мерасанд, ки бунёди муассисањои томактабї ва вобаста ба табдили маќоми муассисањои тањсилоти умумии асосї ба муассисањои тањсилоти умумї ба миён омадани эњтиёљот ба 93 нафар омўзгорони ихтисосманди забонњои русиву англисї ва фанњои даќиќу гуманитарї аз љумлаи онњо мебошанд. Чунин њолат дар муассисањои тандурустии ноњия низ ба назар мерасад. Бо сабаби норасоии 22 нафар мутахассисони ихтисосманди соња дар самти хизматрасонињои тиббї ба ањолии ноњия мушкилињо мушоњида карда мешаванд. Аз ин рў, вазоратњои маориф ва илм, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияро зарур аст, ки љињати бо омўзгорону табибони ихтисосманд таъмин намудани муассисањои таълимиву тандурустии ноњия тадбирњои сариваќтї андешанд. Њоло мехоњам андешањои худро дар бораи баъзе мушкилоти њалталаби ноњия баён намоям, ки њалли онњо аз њамкории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия бо сохтору маќомоти дахлдори давлатї вобаста мебошад. Шароити кўњистони ноњияи Ховалинг барои боѓпарварї, хусусан, боѓњои интенсивї, парвариши нињолњои себу гелос, ноку олу ва рушди занбўриасалпарварї, картошкапарварї ва чорводорї хеле мусоид аст. Бинобар ин, зарур аст, ки азхудкунии заминњои нав вусъат дода шавад. Дар давраи гузашта фаќат дар як маљмааи агросаноатию чорводории ноњияи Ховалинг 35 њазор чорвои калони шохдор парвариш карда мешуд. Вале вазъи имрўзаи парвариши чорво умуман ќаноатбахш нест. Њол он ки ноњияи Ховалинг барои рушди чорводорї захирањои фаровони хўроки чорво ва чарогоњњои тобистонаи хеле зиёд дорад. Инчунин, захирањои зиёди гиёњњои шифобахши ноњия имконият медињанд, ки фаъолияти

дорусозї ва занбўриасалпарварї тараќќї дода шавад. Бояд гуфт, ки дар гузашта зиёда аз 2000 гектар замини ноњия тавассути 3 пойгоњ ва зиёда аз 40 насоси обкашї обёрї карда мешуд, ки њоло онњо аз фаъолият мондаанд. Аз ин лињоз, Агентии бењдошти замин ва обёриро зарур аст, ки оид ба барќарор кардани инфрасохтори зикршуда чорањои мушаххас андешад. Дар њудуди ноњия дањњо ёдгорї ва макону мавзеъњои ќадимаи таърихиву фарњангї мављуданд, ки бояд барои љалби сайёњони дохиливу хориљї њарчи бештар истифода карда шаванд. Илова бар ин, идома додани азнавбаќайдгирї ва азнавбањисобгирии заминњои ноњия аз љумлаи масъалањои муњим мебошад, ки бояд тањти назорати маќомоти дахлдор ќарор дошта бошад. Бо сабаби зиёд гардидани офатњои табиї ба корњои соњилмустањкамкунї диќќати љиддї додан, таъмин намудани дењањо бо оби тозаи нўшокї ва барќарорсозии шабакаи корези маркази ноњия низ аз љумлаи масъалањои њалталаб мебошад. Дигар ин, ки дар самти бартараф намудани сабабу омилњои фавти кўдакон, таъмиру барќарорсозии беморхонањо ва пурра гардонидани љойњои холии табибони баландихтисос бояд чорањои бетаъхир андешида шаванд. Тибќи тањлилњо сокинони баъзе дењањо аз тамошои барномањои телевизиони марказї мањрум мебошанд, ки њарчи зудтар бартараф намудани ин мушкилї вазифаи Кумитаи телевизион ва радио мебошад. Њамчунин зарур аст, ки бо маќсади ташвиќу тарѓиби анъанањои миллї ва хизматрасонї

ба мењмонону сайёњон чойхонаи миллии Чилчанор барќарор карда шавад. Таъкид месозам, ки бо вуљуди корњои то ба њол дар соњаи маориф амалигардида зиёда аз 20 муассисаи таълимї дар њолати садамавї ќарор дорад, ки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва ноњия бояд доир ба њалли ин масъала низ тадбирњои зарурї андешанд. Њамдиёрони азиз! Бо истифода аз ширкати роњбарону фаъолон ва намояндагони ањли љомеаи ноњия мехоњам як масъалаи дигарро ба мардуми шарифи Тољикистон хотирнишон намоям. Баъди чанд рўз мардуми мусулмони мо яке аз суннатњои мубораки дини мубини ислом – иди Ќурбонро таљлил мекунанд. Њикмати аслии иди Ќурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роњи ибодату ниёиш ва анљом додани корњои хайру савоб ба Худои таоло наздикї мељўянд ва ба ризоияти ў умед мебанданд. Рисолати тарбиявї ва ахлоќии ин ид дар изњори фурўтаниву хоксорї, самимияту садоќат, ростќавливу иродатмандї дар бовару эътиќод ва рафтору гуфтор ифода меёбад. Дар тўли асрњои зиёд талќини арзишњои инсонпарварї, аз ќабили хайру эњсон, дастгирии ятимону маъюбон, беморону ранљурон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва изњори њамдардї ба азодорон аз љумлаи бењтарин фазилатњои иди саиди Ќурбон ба шумор мераванд. Дар ин рўз адо кардани намози ид, анљом додани маносики њаљ ва ќурбонї кардан аз љумлаи фаризањои исломї мебошанд. Вале њамватанони мо бояд донанд, ки ќурбонї кардан ва ба љо овардани маносики њаљ танњо ба онњое фарз аст, ки имконияти васеи моддї доранд, яъне зиндагиашон аз њар љињат таъмин ва бе мушкилот мебошад. Онњое низ, ки ба њаљ мераванд, бояд соњиби манзили истиќоматии обод бо шароити зарурии зист барои худ ва аъзои хонадон бошанд ва дар давраи сафари њаљљи онњо ањли аёлашон аз лињози таъминот азият накашанд. Чунин шахсон, њамчунин, бояд масъалаи рўзгор ва шароити зиндагии хешу табори камбизоати худро ба эътибор гиранд. Ќурбонї кардан низ ба чунин шахсон љоиз буда, анљом додани ин амал ба касоне, ки шароити дурусти зиндагї надоранд, шарт нест. Баръакс, онњое, ки дорои имконияти васеи моддиву молї мебошанд, бояд як ќисми гўшти ќурбоникардаи худ ва дигар садаќаву хайроти худро ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилањои камбизоат дињанд. Њамчунин, њангоми баргузории ид ва оростани дастурхони идона мо бояд ањкоми шариатро дар хусуси зиёни исрофкорї риоя кунем ва фармудаи Ќуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем. Фаромўш набояд кард, ки таърихи пайдоиш ва номи иди Ќурбон маънои дастурхони пурдабдаба оростан ва ба тўю зиёфатхўрї табдил додани ин иди сирф диниро надорад. Њозирини гиромї! Дар пешрафти бахшњои гуногуни њаёти кишварамон хизмати садњо нафар фарзандони маъруфи ноњия хеле бузург аст, ки имрўз таљрибаву корномаи онњо аз љониби афроди ватандўсту бонангу номус дар соњањои мухталифи њаёти ноњия идома дошта, шогирдону дастпарварони онњо барои пешрафти Ватани мањбубамон содиќона хизмат карда истодаанд. Вазифаи роњбарону фаъолони ноњия, раисони љамоату мањаллањо, ањли зиё ва шахсони обрўманду таљрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва хусусан, љавононро ба тањкими сулњу субот, риояи ќонуну тартибот, корњои созандагиву ободкорї ва сарфаю сариштакорї њидоят намуда, иљрои амалњои неки инсонї, аз љумла дастгирии ятимону маъюбон ва оилањои камбизоатро дар миёни ањолї тавсеа бахшанд. Бовар дорам, ки мардуми њимматбаланд ва бонангу номуси ноњияи Ховалинг дар оянда низ бо зањмати созанда барои боз њам ободу зебо гардонидани зодгоњи хеш ва Ватани мањбубамон сањми ватандўстонаи худро мегузоранд. Дар охир љашни бистуњаштумин солгарди истиќлолияти давлатии Тољикистони мањбубамонро, ки баъди чанд рўз фаро мерасад, ба њамаи сокинони шарафманду мењмоннавози ин диёри зебоманзари кишварамон табрик гуфта, ба њар як хонадони мардуми ноњия рўзгори ободу осуда ва файзу баракат орзу менамоям. Доим саломату сарбаланд бошед, њамватанони азиз!

љумъа, 9 августи соли 2019, №33 (3218)

07 августи соли 2019 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њамчунин дар маркази ноњияи Ховалинг Мењмонхонаи «Чилчанор»-ро, ки бо тарњу намои зебо бунёд ёфтааст, мавриди бањрабардорї ќарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» аз љониби соњибкори мањаллї Ќаюм Каримов бунёд шудааст. Бинои мењмонхона бо фарогирии иншооти ёрирасон дар масоњати 2 гектар доман афрохта, дар он шароити муосири ќабулу гусели мењмонон фароњам мебошад. Корњои сохтмонии мењмонхона моњи марти соли равон оѓоз гардида, дар як муддати кўтоњ бо сифати баланд анљом ёфтаанд. Дар рафти сохтмон 80 нафар бо љойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Мењмонхона аз 2 ошёна иборат буда, бо 9 њуљра дар як ваќт имкон дорад то 18 нафарро ќабул намояд. Ин иншоот бо тарњи замонавї

Ифтитоњи мењмонхона дар ноњияи Ховалинг ва унсурњои миллї оро дода шуда, ба маркази шањрак њусни дигаре бахшидааст. Барои истироњату фароѓати мизољон дар назди мењмонхона варзишгоњ ва 3 адад суњбатгоњњо бунёд шудаанд, ки инфрасохтори маљмааи мазкурро такмил медињанд. Пешвои миллат аснои шиносої бо шароити мењмонхона ба сифати корњо бањои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин мењмонхонањо боиси боз њам рушд ёфтани соњаи сайёњї дар мамлакат мегардад. Тамоми сањни мењмонхона чароѓон буда, намои он шабонгоњ хеле њам љолибу диданї ба назар мерасад. Фавворањо ва дарахтони сояафкан, ки дар сањни мењмонхона ва шафати он мављуданд низ љузъе аз зебогињои ин мењмонхона мебошанд. Бо мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани мењмонхонаи «Чилчанор» дар маркази ноњияи Ховалинг 30 нафар бо љойи кори доимї таъмин гардиданд. Дар баробари утоќњои

Ифтитоњи Амфитеатр дар ноњияи Ховалинг

Дар идомаи сафари корї ба ноњияи Ховалинг њамчунин Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар

маркази ноњия Амфитеатр, ки барои њазор љойи нишаст пешбинї шудааст, мавриди истифода ќарор доданд. Иншооти мазкур дар масоњати 4 њазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз љониби соњибкори мањаллї Саймумин Юсуфов бунёд шудааст. Амфитеатр бо тарњи зебову муосир бунёд гардида, барои гузаронидани чорабинињои фарњангї имкони мусоидеро фароњам кардааст. Дар рафти корњои сохтмонии иншооти мазкур, ки моњи марти соли 2019 оѓоз гардида буд, 30 нафар аз сокинони мањаллї бо љойи кор таъмин гардиданд. Аснои шиносої Пешвои миллат муњтарам

хориљие, ки барои сайёњат ба ин инљо ташриф меоранд, муаррифї созанд. Соњибкори мањаллї Ќаюм Каримов иќдом гирифт, ки то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шафати њамин мењмонхона як бинои иловагии 5-ошёна бо 100 љойи хоб бунёд менамояд.

Эмомалї Рањмон ба корњои анљомёфта бањои баланд дода, ифтитоњи ин иншооти фарњангиро муњим ва сариваќтї арзёбї карданд ва масъулинро љињати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муњайёгардида ва ташкили барномањои гуногуни фарњангию фароѓатї барои сокинон дастуру њидоятњо доданд. Барои њунармандон дар ин амфитеатри навбунёд шароити мусоид фароњам оварда шуда, њамчунин ду утоќи корї ва ивазнамоии либоси њунармандон низ дар он мављуд аст. Атрофи ин иншооти фарњангию фароѓатї бо як завќи баланди зебоипарстї гулкорї карда шудааст. Иншооти мазкур дар доираи корњои созандагию бунёдкорї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёд гардида, туњфаи арзандае ба сокинони ноњияи Ховалинг мањсуб меёбад. Имрўзњо дар ноњияи Ховалинг аз љониби соњибкорону шахсони ватандўст бањри ободии ин гўшаи Тољикистони соњибистиќлол ва дар сатњи баланд истиќбол намудани љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон раванди созандагињо вусъат дода мешавад.

Ифтитоњи Маљмааи варзишї ва њаммом дар ноњияи Ховалинг Рўзи 7-уми августи соли љорї Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи сафари корї ба ноњияи Ховалинги вилояти Хатлон њамчунин Маљмааи варзиширо мавриди бањрабардорї ќарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирњои ободонию созандагї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар доираи иљрои дастуру њидоятњои Пешвои миллат, љињати тарѓиби тарзи њаёти солим ва оммавигардонии варзиш байни љавонон аз љониби соњибкори мањаллї Зафар Сафаров дар як муддати кўтоњ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд. Ба Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон иттилоъ доданд, ки маљмааи мазкур дорои се майдончаи вазишї барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва њавзи шиноварї мебошад. Корњои сохтмонї дар ин иншооти варзишї 4 моњ идома ёфта, дар рафти корњои сохтмонї 20 нафар сокинони мањаллї бо кор љалб шуда, аз њазор сомонї боло маош мегирифтанд. Сарвари давлат зимни боздид

гуни варзиш низ мављуд мебошад. Дар ин маљмаа њамчунин ду њавзи болопўшида мављуд аст, ки яке барои калонсолон ва дигаре барои хурдсолон пешбинї шудааст. Роњбари давлат ба фаъолияти ин ду њавзи шиноварї низ оѓози расмї бахшиданд. Њавзи шиноварї, ки барои калонсолон пешбинї шудааст, бо дарозии 25 ва пањноии 15 метр бунёд шуда, умќаш 1 метру 80 сантиметрро ташкил медињад. Минбаъд сокинон имкон доранд, ки дар чунин иншооти муосир ба шиноварї машѓул шуда, дар баробари омўхтани ин намуди варзиш њамчунин солимии худро барќарор намоянд. Њавзи шиноварии кўдакона бошад, бо дарозии 5 метр ва умќи 50 сантиметр имкони мусоидро барои ба шиноварї машѓул шудани кўдакону наврасон фароњам овардааст. Пешвои миллат зимни шиносої бо шароити ин ду иншоот таъкид намуданд, ки солимии љомеа пайваста дар мадди назари роњбарияти давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дошта, иншооти мазкур дар ин самт мусоидати фаъол менамояд. Дар назди маљмааи варзишї

аз ин маљмаа ба сифати корњои анљомдода бањои баланд дода, иќдоми ин соњибкорро намунаи хуби ватандўстї ва сањм гузоштан дар ободии гўшае аз Ватан арзёбї намуданд. Майдончаи бозии футбол 44 метр дарозї ва 22 метр пањної дошта, дар он шароити муосири машѓул шудан ба ин намуди варзиш мављуд аст. Майдони варзишии баскетбол бошад, бо дарозии 22 метр ва пањноии 11 метр бунёд шуда, бо таљњизоти зарурии варзишї муљањњаз гардонида шудааст. Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирњоро бештар анљом дода, шароити муосири машѓул шудан ба варзишро барои љавонони мањаллї муњайё намоянд. Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур дар татбиќи наќша -чорабинињо бахшида ба «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» мусоидат намуда, боиси боз њам такмил ёфтани инфрасохтори варзишї дар дењот мегардад. Атрофи майдончањо чароѓон карда шуда, имкони шабона машѓул шудан ба намудњои гуно-

њамчунин аз љониби ин соњибкори ватандўст як њаммоми замонавї низ бунёд ёфтааст, ки дар ин рўз аз љониби Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ифтитоњ гардиданд. Њаммом, ки дорои шароити муосири хизматаросонї мебошад, имкон дорад, дар як ваќт 25 нафарро ќабул намояд. Корњои сохтмонї дар иншооти мазкур моњи сентябри соли 2018 оѓоз гардида, дар рафти сохтмони он 10 нафар бо маоши аз 1000 то 1500 сомонї ба кор љалб шуда буданд. Њаммом дар масоњати 15 садяк замин бунёд гардида, айни замон дар ин њаммом сокинони мањаллї бо љойи кор таъмин карда шудаанд. Дар њаммом 10 њуљра, аз љумла хазина, утоќи истироњати кормандон, 2 утоќ барои истироњату фароѓати мизољон, утоќи иваз намудани сару либос, 2 њуљра барои шўстушўй ва 2 буѓхона мављуд аст. Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба корњои сохтмонї дар ин иншооти хизматрасонї бањои баланд дода, барои сањм гузоштан дар ободии ин макон ба соњибкор изњори миннатдорї намуданд.

Иштирок дар чорабинии фарњангї дар варзишгоњи марказии ноњияи Ховалинг Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар идомаи сафари корї дар ноњияи Ховалинг дар чорабинии фарњангї тањти унвони «Шоми Ховалинг» бахшида ба 28 солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон иштирок ва суханронї намуданд. Барномаи рангини фарњангї дар варзишгоњи марказии ноњияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 10 њазор нафар сокинони сарбаланду мењандўсти ноњия баргузор гардид. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суханронї дар ин чорабинии фарњангї, нахуст миннатдории давлату

сайёњон аз тамошои маќбараву оромгоњњои бузургони илму иРфони гузаштагонамон њаловат мебаранд Суханронии пешвои миллат эмомалї Рањмон дар варзишгоњи ноњияи Ховалинг, 7 августи соли 2019

истироњатї њамчунин дар ин мењмонхона дигар биноњои ёрирасон, аз ќабили ошхона ва њаммом мављуд аст. Роњбари давлат зимни суњбат бо кормандону масъулони мењмонхона таъкид намуданд, ки бояд бо мизољон хушмуомила бошанд ва одоби мењмондории тољиконаро ба сайёњони дохиливу

Њукумати Љумњурии Тољикистонро барои тамоми мардуми мењнатдўсту сарбаланди ноњияи Ховалинг барои пуштибонї аз сиёсати созандаи роњбарияти олии мамлакат баён доштанд. Таъкид гардид, ки бо зањмати пайвастаи сокинон, аз љумла соњибкорони бонангу номуси диёр маркази ноњияи Ховалинг дар даврони

Истиќлолияти давлатї бамаротиб ободу зебо гардидааст. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ифтитоњи иншооти нави хидмативу маишї ва варзишию фарњангиро, ки дар доираи омодагињо ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии

Тољикистон ва «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» сурат гирифтаанд, намунаи ибратбахш аз талошњои сокинони ин ноњияи мамлакат арзёбї карданд. Сокинони ноњияи Ховалинг аз чорабинии фарњангии «Шоми Ховалинг», ки бо пешнињоди суруду таронањои дилнишин дар васфи Ватан ва њифзи дастовардњои Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон идома кард, љањони маънавии худро ѓанї гардонида, дар фазои сулњу оромии диёр бо њам шодию хурсандї намуданд.

Њамватанони азиз! Пеш аз њама, ба њамаи шумо, њозирини гиромї ва тамоми сокинони мењмоннавози ноњияи Ховалинг барои дастгирии сиёсати Давлату Њукумат ва азму талоши ватандўстонаатон ба хотири ободии ин гўшаи бињиштосои Ватанамон изњори сипосу миннатдорї менамоям. Орзуманди он њастам, ки дар хонадони њар як сокини ноњия фазои орому осуда ва файзу баракат таъмин бошад ва њамаи иќдому ташаббусњоятон ба хотири пешрафти кишвари азизамон амалї гарданд. Ноњияи Ховалинг яке аз гўшањои хушбоду њавои Тољикистон буда, ќаламрави он дар замонњои хеле ќадим бо номи Мунк маъруф будааст ва ин мавзеъ аз даврањои бостон бо таърихи пурѓановату табиати дилфиреб, мардуми мењмоннавозу њунарманд, мардони бонангу номус ва адибону донишмандонаш шуњрат доштааст. Тибќи маълумоти таърихї сарзамини Ховалинг дар баробари ќадимтарин музофоти Осиёи Марказї буданаш, инчунин, аз љумлаи марказњои тиљоративу фарњангї ба њисоб рафта, дар асрњои миёна Шоњроњи бузурги абрешим аз њудуди он мегузаштааст. Боиси ифтихору сарфарозии мардуми ноњияи Ховалинг аст, ки дар ќаламрави диёри онњо мавзеъњои дилфиребу нотакрори табиї, маконњои таърихї ва маќбараву оромгоњњои бузургони илму ирфони гузаштаамон мављуданд. Хотирнишон месозам, ки солњои 70-80-уми асри гузашта аз љониби бостоншиносон чандин масканњои зисти ќадимї, аз љумла бошишгоњњои Лоњутї, Кўлдара, Хонаќоњи Севодара ва Чашмаи Нигор њафриёт шуда, шумораи зиёди асбобу олоти он даврањо ба даст омадааст. Имрўз сайёњони дохиливу хориљї аз тамошои шукўњу шањомати Чилчанору чашмањои мусаффо, ќадамљойи ќањрамони халќи тољик – Восеъ ва оромгоњи шахсиятњои маъруф, ба мисли Султон Увайс, Аюби Ансорї ва Авлиёи Заволак њаловат бурда, доир ба таърихи дерина, расму ойинњои бостонї ва аљдоди ша-

3

ХАТЛОН

љумъа, 9 августи соли 2019, №33 (3218)

рафманду тамаддунсози халќамон маълумоти воќеї мегиранд. Бо камоли ќаноатмандї изњор медорам, ки сокинони зањматќарини ноњияи Ховалинг тайи даврони соњибистиќлолї низ бо такя ба таљрибаи созандаи гузаштагони хеш бо эњсоси баланди ватандўстї ва ифтихор аз давлатдории миллї корњои созандагиву ободонии диёри куњанбунёду зебоманзари худро вусъат дода, ба дастовардњои хеле назаррас ноил гардидаанд. Мањз њамин зањмати софдило-

муассисањои таълимиву фарњангї, марказњои хизматрасонї, бунёд ва таъмиру таљдиди роњњо ва инфрасохтори сайёњї бо муњайё намудани њазорњо чойњои корї ба анљом расонида шудаанд. Яъне Њукумати мамлакат дар ќатори дигар ноњияњои дурдасти кўњистон барои тараќќиёти ноњияи Ховалинг ва бењтар гардонидани шароити зиндагии ањолї аз њамаи захираву имкониятњо истифода карда истодааст. Дар ин раванд, њар як сокини ватандўсти ноњияро низ зарур аст, ки ёдгорињои таърихї ва табиати нотакрори диёри худро эњтиёт ва њифз намояд ва дар баробари ин, њаргиз фаромўш насозад, ки гузаштагонамон ба мо ёдгорињои гаронбањои меъмориву таърихї, илмиву адабї ва фарњангиро ба мерос гузошта, моро њамеша ба дўст доштани Ватан, яъне марзу буми аљдодї, вањдату ягонагї, ободкориву созандагї, илму донишомўзї ва риояи одобу ахлоќи њамида њидоят кардаанд. Њукумати мамлакат тасмим дорад, ки илова ба амалї гардонидани чорањо дар самти рушди ноњия минбаъд дар заминаи мавзеъњои табииву таърихї, ёдгорињои нодир ва табиати зебои ин диёр ба рушди сайёњї таваљљуњи махсус зоњир намуда, барои бунёди инфрасохтори зарурї ва дар ин асос

Ифтитоњи Мењмонхонаи «Султон» ва зиёрати Оромгоњи Султон Увайс дар ноњияи Ховалинг 8-уми август Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар идомаи боздиди корї дар ноњияи Ховалинг дар њудуди Мамнуъгоњи Султон Увайси Ќаранї Мењмонхонаи «Султон»ро мавриди бањрабардорї ќарор дода, аз ин мавзеи таърихї дидан ва зиёрат намуданд. Мењмонхонаи «Султон» дар њудуди ин макони таърихию фарњангї ва сайёњии кишвар бо тарњи зебо аз љониби соњибкорони мањаллї Исмоил Садиров ва Мањмадалї Рањимов дар доираи дастуру њидоятњои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар муддати 9 моњ сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар як ваќт имкони хидмат расонидан ба 16 нафарро дорад ва бо ифтитоњи он боз 10 нафар сокини мањаллї бо љойи кори доимї ва маоши хуб таъмин гардиданд. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни шиносої бо рафти корњои анљомшуда ва шароити муосири хидматрасонї дар ин мењмонхона ба сайёњону мењмонон дар ин љо ба иќдоми соњибкорон бањои баланд доданд. Таъкид гардид, ки шароити хидматрасонї ба сайёњони дохилию хориљї дар мавзеъњои таърихию фарњангї ва сайёњии мамлакат сол аз сол бо дастгирии роњбарияти олии кишвар ва иќдоми соњибкорони ватандўст бењтару хубтар мегардад. Мењмонхонаи «Султон» бо харљи 1,3 миллион сомонї аз

њисоби пасандозњои соњибкорон сохта шуда, дорои 8 њуљра бо тамоми шароити муосири хидматрасонї мебошад. Масоњати мењмонхона 169 метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи он дар доираи иќдомњои созанда сабзу хуррам гардонида шудааст ва бо маќсади боз њам бењтар гардонидани истироњату фароѓати мизољон дар њудуди ин иншооти муосири хидматрасонї 3 айвонча бунёд гардидааст. Роњбари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба сифати корњои сохтмонї ва дигар иќдомњои созандаву бунёдкоронаи соњибкорони мањаллї дар ин макони таърихї бањои арзанда дода, масъулинро љињати боз бењтару хубтар намудани шароит ва муаррифии мењмоннавозии хоси тољикона ба сайёњони хориљї дастур доданд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон пас аз ифтитоњи ин мењмохона дар њудуди мамнуъгоњ оромгоњи њазрати Султон Увайси Ќараниро зиёрат намуданд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо ќироати оятњо аз Ќуръони Маљид барои суботу оромии Ватани азиз ва садодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотињаи нек карданд. Ормогоњи ин шахсияти таърихии миллати тољик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноњияи Ховалинг мавќеъ гирифта, њамарўза аз он ба њисоби миёна аз 400-500 нафар сайёњони дохилию хориљї дидан ва зиёрат

мекунанд. Тибќи маълумоти масъулин танњо соли гузашта аз ин Оромгоњ зиёда аз 20 њазор нафар дидан намудааст ва аз табибати нотакрори ин мавзеъ њаловат бурдааст. Тавре таъкид гардид, њудуди Мамнуъгоњ бо таваљљуњ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солњои соњибистиќлолї ободу зебо гардонида шуда, танњо соли равон ба масоњати 10 њазор метри мураббаъ роњравњои њудуди он сафолакпўш карда шудаанд. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни боздид ва шиносої бо шароити мављуда дар ин макони таърихї ба масъулин љињати боз њам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоњ ва риояи суннату анъанањои хоси миллї њангоми ташрифу боздиди сайёњону мењмонон аз ин љо дасту-

ру њидоятњо доданд. Дар њудуди ноњияи Ховалинг макону мавзеъњои зиёди таърихию фарњангї ва сайёњї мављуд аст, ки дар солњои Истиќлолияти давлатї бо иќдому ташаббусњои бевоситаи Сарвари фарњангпарвари мамлакат мавриди таъмиру навсозї ќарор гирифта, сатњу сифати хидматрасонї дар онњо барои мењмонони дохилию хориљї бамаротиб бењтару хубтар гардидааст. Бо њамин сафари кории Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар ноњияи Ховалинг анљом ёфт ва сокинони сарбаланди ин минтаќаи дилфиреби Ватан Сарвари ѓамхору раъйиятпарвари худро бо самимияту муњаббати беандозта гусел намуданд. www.president.tj

ба мардум сабукї овардан љавњари дини мубини Ислом мебошад Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба муносибати иди саиди Ќурбон 11 августи соли 2019

наву ватандўстонаи шумост, ки мо њоло дар ин варзишгоњи навбунёди ноњия љамъ омада, бо шукргузорї аз даврони соњибистиќлолї ва давлати орому осудаамон чорабиниву мулоќоти дўстона баргузор менамоем. Њамчунин, мањз кўшиши пайваста ва њисси баланди ватандории шумост, ки имрўз ноњия ва дењоти он назар ба чанд соли пеш хеле ободу пешрафта гардида, симои худро ба куллї таѓйир додааст. Њукумати мамлакат низ то имрўз барои пешрафти ноњияи Ховалинг ва њаллу фасли мушкилоти он њамаи тадбирњои заруриро амалї карда истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоњад дод. Танњо солњои охир дар асоси дастуру супоришњои Президенти мамлакат сохтмони дањњо иншооти таъиноти гуногун, аз љумла корхонаву коргоњњои саноатї,

љалби њарчи бештари сайёњони дохиливу хориљї тадбирњои муассир андешад. Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси ноњияи Ховалинг дар оянда низ дар раванди сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Њукумати кишвар бо нерўи тозаву ѓайрати дучанд ширкат варзида, барои истиќболи сазовори љашни 30 - солагии истиќлолияти давлатиамон дучанд зањмат мекашанд. Бо истифода аз фурсати муносиб њамаи шумо, њозирини арљманд ва тамоми сокинони ноњияи Ховалингро ба ифтихори солгарди бисту њаштуми истиќлолияту озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфта, ба њар яки шумо хонаи обод, иќболи баланд ва барору муваффаќият орзумандам. Њамеша сарбаланду комёб бошед, њамдиёрони азиз!

Ифтитоњи осорхонаи Ќањрамони халќи тољик Восеъ дар мавзеъи Дараи Мухтори ноњияи Ховалинг Дар идомаи сафари корї ба ноњияи Ховалинг Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихї-кишваршиносии Ќањрамони халќи тољик Восеъро мавриди бањрабардорї ќарор доданд. Иншооти мазкур бо сањми соњибкорони мањаллї дар мавзеи хушбоду њавои Дараи Мухтор воќеъ дар зодгоњи ин шахсияти бузурги миллати тољик сохта шудааст. Корњои сохтмонии бино моњи апрели соли љорї оѓоз гардида, бинокорони мањаллї тавонистанд дар кўтоњтарин муњлат онро бо сифати баланд ва љавобгў ба талаботи замони муосир бунёд намоянд. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз ин иќдоми созандаи соњибкорону шахсони ватандўст изњори минатдорї намуда, бунёди чунин иншооти фарњангиро дар доираи эълон гардидани солњои 2019-2021 «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» туњфаи арзишманд маънидод карданд. Бинои осорхона аз ду ошиёна ва тањхона иборат буда, дар он нигорањо ба таври замонавї ба намоиш гузошта шудаанд. Аснои шиносої ба Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон иттилоъ доданд, ки айни њол дар

Њамватанони азиз! Шуморо ба муносибати фаро расидани иди саиди Ќурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландї, файзу баракат ва рўзгори нек орзумандам. Истиќлолияти давлатии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон барои зинда ва эњё намудани анъана, расму оин, љашну идњо ва суннатњои миллию динї, озодона ва бемамоният ба љо овардани маросим тамоми имкониятро фароњам ва муњаё намуд. Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон басо бамаврид ќайд кардаанд, ки «Ин ид, тавре, ки аз ном ва таърихи пайдоиши он бармеояд, суннати адои намози ид, инчунин, ќурбонї кардану ба љо овардани фаризањои њаљ танњо барои онњое, ки ќудрату тавоноии моддї, яъне дасти дароз доранд ва соњиби рўзгори серу пур мебошанд, ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, фаќат онњое метавонанд ба њаљ раванд ё ќурбонї кунанд, ки дар зиндагии худ њељ мушкилї надоранд, ањли хонадон ва фарзандонашон аз њар лињоз таъмин мебошанд» Имсол дар арафаи иди саиди Ќурбон зиёда аз 1500 нафар сокинони вилоят бо нияти маросими адои њаљ ба Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара рафтанд. Умед дорем, ки онњо баъди бозгашт ба Ватан дасти сахо ва ёрмандиро аз эњтиёљмандон дареѓ намедоранд, мутобиќи рисолати накўи њољиён барои

тањкими сарфакорї ва инсоф кўшишњо ба харљ медињанд. Аз ин лињоз, дар масъалаи ќурбонї кардан дар рўзи иди Ќурбон њар кас бояд имкониятњои худро ба назар гирад, таќлиди бемаънї ва исрофкорї накунад. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар сафари кории худ ба вилояти Хатлон, аз љумла ба ноњияи Ховалинг бори дигар дар бораи њикматњо ва баргузории иди саиди Ќурбон сухан ронда таъкид намуданд, ки: «Њикмати аслии иди Ќурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роњи ибодату ниёиш ва анљом додани корњои хайру савоб ба Худои таоло наздикї мељўянд ва бо ризо-

ияти ў умед мебанданд. Њамчунин, њангоми баргузории ид ва оростани дастурхони идона мо бояд ањкоми шариатро дар хусуси зиёни исрофкорї риоя кунем ва фармудаи Ќуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем» Њар нафари мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва њамеша дар ёд дошта бошем, ки ба мардум сабукї овардан љавњари дини мубини Ислом мебошад. Паёмбари ислом низ мефармояд, ки мусулмони комил бояд аз ду амр њамонеро интихоб кунад, ки ба мардум сабукї меорад. Савоби бузургтарин дар ин айём хайру саховат нисбати бечорагон афтодањолон, ятимон, ниёзмандону муйсафедон ва бепарасторон мебошад. Зеро пайѓамбари ислом дар њадисњои худ фармудаанд, ки садаќа додан ба дороён ва касоне, ки ќудрати кор кардан доранд, њалол нест. Њар фарде, ки дар ин рўзњо сари ятимеро навозиш кунад, дасти фитодаеро бигирад, њољати барљомондаеро барорад, савобаш аз савоби тавофи хонаи Каъба камтар нахоњад буд. Аз ин лињоз, мо бояд барои сабукї овардан ба мардум тамоми чорањоро биандешем ва насли наврасро дар руњияи баланди инсондўстї, омўхтани илм ва садоќат ба ватан тарбият намуда, ба воя расонем Бори дигар фарорасии иди саиди Ќурбонро ба њамаи Шумо табрику тањният гуфта, бароятон тандурустї, саодати рўзгор ва хушињои зиндагиро орзу намуда, хоњони онам, ки њамеша сарбаланду, комёбу муваффаќ бошед.

ободонии Балљувон аз баракати истиќлолият аст

инљо 1893 адад нигорањо, аз љумла 1393 адад асосї ва 500 адад ёрирасон маљуд аст. Феълан дар ин осорхона ашёњо аз рузѓор ва фаъолияти ин Ќањрамони халќи тољик ва маснуоти миссї, чўбин, сангї, биринљї, сафолї, дастхатњои ќадима ва дигар нигорањо мављуданд. Њамчунин пайкараи ин Ќањрамони ќалќи тољик дар рў ба рўи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст, ки нишона аз эњтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 сентябри соли 2015 ба осорхона маќоми љумњуриявї дода шуда, Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнўъгоњи љумњуриявии ба номи Восеъ» номгузорї карда шудааст. Дар њудуди Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнўъгоњи љумњуриявии ба номи Восеъ» њамчунин мењмонхона барои ќабули 28 нафар дар як ваќт бунёд гардидааст. Навсозии ин мавзеъ барои љалби таваљљуњи бештари сайёњони дохиливу хориљї ба маконњои таърихию фарњангї ва шиносоии бештари тамаддуни пурѓановати миллати тољик ба љањониён замина фароњам хоњад овард.

Рўзи 5 августи соли равон бо иштироки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар ноњияи Балљувон як ќатор иншоотњои хизматрасониву маишї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Даромадгоњи ноњияи Балљувон, ки бо расмњои ќањрамонони халќи тољик ва шиору овезањо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон зебу оро дода шуда буд, бо сањми соњибкорони ватанї намои хешро таѓйир дода, диќќати њар бинандаро ба худ љалб менамуд. Умуман ноњияи Балљувон дар партави сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат симои хешро ба куллї таѓйир дода, ба як гўшаи ободу зебои афсонавї табдил ёфтааст. Тибќи наќшачорабинињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии

Љумњурии Тољикистон беш аз сї иншоотњои гуногуни истењсолию хизматрасонї ва маишї ќомат афрохтанд. Бо иштироки раиси вилоят њамчунин маљмааи хизматрасонии Балљувон мавриди истифода ќарор гирифт. Маљмааи хизматрасонї аз се ошёна иборат буда, дар ин иншоот маркази савдо, кошонаи њусн, мењмонхонаю ошхона љойгир шудааст. Ноњияи Балљувон, ки њамчун мавзеи сайёњї буда, ёдгорињои таърихї, чашмањои мусаффо, обшорони бењамтою табиати муъљизаосояш ќалби мењмонону сайёњони хориљиро тасхир намудааст, барои рушди сайёњї имконоти васеъ дорад. Бунёди маркази хизматрасонии Балљувон, ки дорои мењмонхонаву ошхона муљањњаз аст, минбаъд барои рушди соњаи саёњї низ заминагузорї менамояд, чунки ин иншооти маишиву

хизматрасонї метавонад садњо саёњони хориљиро бо љои хоб таъмин намояд. Раиси вилоят ба соњибкорон ва сокинони ноњияи Балљувон барои бунёди чунин иншоотњои њозиразамон изњори сипос намуд. Ба иттилои соњибкори мањаллї Шуњрат Тешаев бинои маљмааи хизматрасонї бо маблаѓи беш аз 800 њазор сомонї бунёд ва 15 нафар сокинони мањаллї бо љои кор таъмин гардидааст. Дар ин маљмаа њамчунин маркази савдо низ ба мењмонону сайёњон ва сокинони ноњия мањсулотњои гуногуни ниёзи аввалияро бо нархи нисбатан арзон пешкаш менамояд. Њамчунин худи њамон рўз дар ноњия майдончаи варзиширо низ ба истифода додаанд. Мавриди истифода ќарор додани мийдончаи варзишї имкон фароњам меоварад, ки футбол низ дар ноњия рушд ёбад ва љавонону

наврасони соњибистеъдодро дар ин самт дарёфт намоянд. Тавре ки зикр намудем дар њар ќадам дар ноњияи Балљувон корњои ободониву бунёдкорї, ба назар мерасид, дањњо иншоотњои хизматрасонии маишї, тиббиву таълимї, варзишї бунёд гардида, ба њусни ин мавзеи зебою афсонавї њусни нав зам намудааст. Раиси вилоят Ќубон Њакимзода ба масъулин, сокинон ва соњибкорони ноњия љињати ривољи корњои ободониву бунёдкорї минатдорї баён намуд. Дар њаќиќат ноњияи Балљувон симои хешро дигар намуда, кўчањои мумфарш, чароѓон, биноњои баландошёна аз баракати Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва чењрањои шоду хандони сокинони мањал бошад аз шукургузории сиёсати хирадмандонаи роњбари давлат дарак медињад.

ИСТЕЊСОЛИ ПИЁЗ ДАР НОЊИЯИ ЉАЙЊУН МЕАФЗОЯД Кишоварзони ноњияи Љайњун дар истењсоли мањсулоти барваќтї таљрибаи хуб дошта, њамасола аввалин шуда, бозори истеъмолии мамлакатро бо сабзавот, аз љумла пиёз таъмин менамоянд. Бинобар иттилои масъулини Раёсати кишоварзии ноњия имсол истењсоли пиёз ба зиёда аз 97 њазор тонна расидааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 4 њазор тонна зиёд мебошад. Бо маќсади аз як замин гирифтани ду се њосил кишоварзони ноњия баъди гирифтани сабзавоти барваќтї мувофиќи дурнамо бояд дар майдони зиёда аз 4 њазор гектар кишти такрориро ба роњ монанд. Ба иттилои масъулини Раёсати кишоварзии

ноњия њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї дар њамин давра ба 495 миллион сомонї расидааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 31 миллиону 600 њазор сомонї зиёд мебошад. Кишоварзон истењсоли пиёзи барваќтиро аз майдони њар як гектар ба зиёда аз 375 сентнер расонидаанд. Кишоварзони ноњия дар баробари таъмини бозорњои мањалию љумњуриявї мањсулоти хешро ба кишварњои њаммарз содирот мекунанд. То ба имрўз аз ноњияи Љайњун бинобар маълумоти оморї 29 њазор тонна мањсулот содирот гардидааст, ки бештари онро пиёз ва мева ташкил медињад. Манучењр Њасанов


4

ХАТЛОН

љумъа, 9 августи соли 2019, №33 (3218)

Ба истиќболи Рўзи кормандони соњаи тиб

«Ба илме, ки надонї, даво макун ва аз он илм нон маталаб. Ѓарази худ ва он илму њунар ба њосил тавонї, ки маълуми ту бошад». Унсурулмаолии Кайковус

Хушбахт касест, ки бо амали нек, бахусус бо касби худ, ба дили мардум роњ ёфта бошад ва ўро њамагон шиносанду эътирофу эњтиром намоянд. Абдусалом Имомов аз љумлаи чунин инсонњост. Ин инсони шарифро мардум чун табиби дармонбахш мешиносанду эњтиромаш мекунанд ва њамеша дар суроѓаш њастанд. Ў духтури амрози даруна буда, 42 соли умрашро ба дармонбахшии мардум сарф намудааст. Адади одамоне, ки ў ба онњо њаёти дубора бахшидааст, шояд њисоб надошта бошад.... Дар бораи фаъолияти табибї ва њаёти ибратбахши ин инсони шариф борњо шунида будам ва ният доштам, бо ў њамсуњбат шавам. Њамин ният маро ба Маркази ташхисию табобатии вилояти Хатлон (воќеъ дар Беморхонаи клиникии вилоятї ба номи Бўрї Воњидов) овард. Маркази ташхисию табобатї дар як гўшаи хушњаво љойгир аст. Гирду атрофаш сабзапўшу гулрез шуда, бањорро мемонад. Дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон як ќатор корњои ободонї ба сомон расонида шудааст. Бинои марказ ба сифати баланд, бо рангњои назаррабо таъмир шудаю овезањои идона, сафолакбандии сањни њавлї, љумакњои обпош ин љоро боз зеботар гардондааст. Дохили бино боз зеботару чароѓон аст ва муњити оромї њукмфармост. Њуљрањои кории табибон низ тозаю озода, хушњавою равшан буда, бо таљњизоти муосири тиббї муљањњазанд. Кормандони марказ, ки аксарият љавононанд, хушмуомилаю ширинсухан буда, ба корафтодагон хизмати босифати тиббї мерасонанд. Бо табиб дар дафтари кориаш вохўрдем. Дар он љо боз чанд тани дигар њузур доштанд, ки бо маслињати ин табиби њозиќ табобат ёфтаанд. Духтур Имомов аз дидори онњо меболид. Хурсанд буд, ки беморони шифоёфта бо гузашти чандин сол, табиби хешро фаромўш накардаанд. Абдусалом Имомов аз чунин вохўрињо шод мегардад. Абдусалом табиатан кушодачењра ва мењрубон аст. Муњимтарин доруи дарди ранљур ва хастагии инсон - таваљљуњи хосса, муомилаи хуб ва њарфи ширин мебошад. Ман шоњиди чанд лањзаи кории ў гардида, бори дигар ба дурустии он боварї њосил намудам. Ягон нафар корафтода аз назди ў ноумед намерафт. Онњо ба назди ин табиби дармонбахш ранљуру ѓамгин омада, бо рўњи болида аз дафтари кории ў берун мешуданд. Духтур барои њар бемору корафтода дору ва сухани мувофиќро пайдо мекард. Оромонаю ботамкин, содаю фањмо ва хоксорона њарф мезад. Ба суњбаташ гўш дода, дарк кардам, ки сарњади дониш, љањонбинї, инсондўстии ин табиби њозиќ васеъ ва ќавист... Абдусалом Имомов дар шањри Бохтар, дар оилаи коргар дида ба олами њастї боз намуд. Дар оилаи амаки Мелибой (маъюби Љанги Бузурги Ватанї) ва янгаи Донагул 7 фарзанди дўстрўяк (6 писару як духтар) ба дунё омад. Абдусалом бузургфарзанди оила аст. Ў ба синни 7 ќадам нињода, аз пайи донишандўзї шуд. Аз рўзњои аввали тањсил дар мактаб бо зиракию њушёрї, дарсазхудкунї, одобу ахлоќ намуна буд. Омўзгорон рафтори намунавї ва хатту савод ва завќи донишандўзии ўро мушоњида карда, њанўз њамон ваќт пешгўї менамуданд: “Аз ин бача дар оянда инсони шоистаи даврон ва соњибкасб мебарояд ва ба халќу ватани худ содиќона хизмат хоњад кард”. Зиндагї бе орзу ширин нест. Имконпазирии он дар њалќаи пайвандону наздикон гуворою ширинтар аст. Зеро инсон дирўз бо умед имрўзро бунёд мекунаду бо нияти нек ба фардои дур роњ мепаймояд. Абдусалом низ мисли њамсолони замони худ орзуи ширинеро дар ќалб мепарварид. Дар бораи касби духтурї њатто андеша њам намекард. Њаёт ќонунњои худро дораду бо ягон сабаб аќидаи инсонро ба куллї таѓиир медињад. Таќдир нисбати љавон номењрубонињои зиёдеро раво дид. Њанўз ў дар синфи 8 тањсил мекард, бори сангини зиндагї ба дўшаш афтод. Модари мењрубонаш Донагул ба бемории нафастангї (бронхит) ги-

рифтор гашт. Ў бистарї шуд. Бо душворї нафас гирифта азоб мекашид. Махсусан, ваќти шаб азобаш бештар мегашт. Дидани ин њолат љавонро беќарор менамуд. Шабу рўз сари болини модар бедорхобї намуда, беморбонї мекарду азоби ўро азоби худ медонист. Ба болои ин пешбурди оила, нигоњубини бародарону хоњараш, пухтани нону хўрок, рўбучини хона низ ба дўши ў монд. Падари маъю-

дардошнои беморон унвон кардаанд. То имрўз рўњи устод маро мададгор аст. Бо дуои неки ин инсони шариф ќуллаи муродро фатњ карда, соњибиззат шудам ва ман мактаби инсондўстиву тарбиявиашро идома дода, рўњашро шод менамоям. Бо гузашти рўзњо бо њамкорон зуд унс гирифт, ба эњтироми мардум сазовор гашта, њамчун табиби касбї ном баровард. Соли 1982 ба њайси мудири шуъбаи ќабул

-Дар маркази мо, - афзуд Чорёр Нурализода, - имрўз 25 нафар корманд, аз љумла табибони касбї, дорандагони дараљаи касбии олї, Сертификатї конференсияњои байналхалќї, њамширањои шафќати дараљаи якум ва дуюм фаъолият менамоянд. Табибон Самиоллоњ Њасанзода, Муњиддин Олимов, Рањимљон Сатторов, њамшираи калони шафќат Моњсафари Мањмадалї, бародари шафќат Сафаралї Зиёев, Бањодур Зиёев, Саломат Муродова аз мактаби Устод Имомов гузаштаанд. Як хизмати неки духтур Имомов омўхтанї ва боиси дастгирист. Ў дасту дили пок дорад. Беморонро ба худиву бегона, яъне сарватманду нодор људо намекунад. Хуб медонад, ки хотирбинї дар ин касб иштибоњи азими духтур аст. Зеро маќсади табиб бояд табобати бемор бошад, на манфиати худро боло гузоштан. Њамин аст, ки корафтодагон барои маслињат ва табобат ба ў шабу рўз, ваќти кориву истироњат мурољиат менамоянд. Хизматњои бисёрсолаи табиби њозиќ Абдусалом Имомов бо ифтихорномаи вазири тандурустии Тољикистон, духтури дараљаи олї, Аълочии тандурустии Тољикистон ва дигар мукофотњо ќадрдонї карда шудааст. ... Аз суњбат бо духтур Имомов як љањон таассуроти нек бардоштам. Ў бо банда тавре сухан меронд, ки гўё дўстони дерина бошем. Озоду ботамкин, љойе пандомез њарф мезад. Бештар оид ба бузургии падару модар, эњтироми калонсолон, ватани азизамон-Тољикистон, сулњу вањдат, дўстиву бародарї касби хеш ва њамкорон бо ифтихор сухан мегуфт. Шукронаи сулњу вањдат ва истиќлолияти кишвар менамуд. Аз назди табиб бо хотири болида берун шудам. Рўйи њавлї маро Марњабо ном модари љавон интизор буд. Ў рўзноманигор буданамро фањмида, хоњиш намуд, ки тавассути рўзнома ба дармонбахши духтарчаи бемораш арзи сипосашро расонем. Розї шудам ва ў чунин арзи матлаб кард: -Бемории диќќи нафас (бронхит) духтарчаамро домангир шуд. Ба табибон мурољиат намуда, табобат мегирифтам. Аммо он хуруљ карда, ташвиши маро низ бештар менамуд. Тасодуфан боре дар шуъбаи амрози даруна зани корафтодае њолати вазнини духтарамро дида, маслињат дод, ки ба духтур Имомов мурољиат намоям. Њамин тавр њам кардам. Њељ боварї надоштам, ки табиб бо мењрубонї ва сухани ширин маро истиќбол мегирад. Ў духтарчаамро муоина карда, фавран дар шуъбаи амрози даруна бистарї намуд. Баъди чанд рўз њолати духтарча сабук гашта, дар лабонаш табассум пайдо шуд. Ваќте ки духтур Имомов бо духтарча суњбат мекард, медидам, ки њолати ў бењтар мешуд. Дар ќалбам аз суханони табиб шарораи умед пайдо шуд, ки духтарчаам аз дасти ў, албатта, шифо меёбад. Он лањзањо худ ба худ андеша мекардам, ки њоло духтур барои табобат маблаѓи зиёд талаб мекунаду ман дар дарёфти он ољиз мемонам. Аммо ѓайричашмдошти ман ин тавр нашуд. Табиб, ки атои Худованд аст, духтарчаамро шифо бахшида, минбаъд табобаташро зери назорат гирифтанд. Шукр ба номи Худои мењрубон, ки инсониятро офарида, барояш рўзњои хушу хурсандї њам ато мекунад. Бале, њар дардеро давое будааст. Сабабгори шифо ёфтани духтарчаамро, албатта, пеш аз њама, аз Худованд ва баъдан аз табиби њозиќ Абдусалом Имомов мебинам. Бинобар ин ба духтур Имомов саломатї таманно намуда, мехоњам, ки Худо њамеша ёру мададгораш бошад... Мо низ ба ин дуои нек њамроњ мешавем.

Табибе, ки атои Худованд аст

баш дар соњањои гуногуни хољагии халќ кор карда, шомгоњон бо мошини сабукрави маъюбї мусофир мекашонд ва ризќу рўзї меёфт. Модари зор бо ин ранљурї чор солро паси сар намуд. Гоње ба худ буду гоње бехуд ва шабу рўз бо њаёт ва марг рў ба рў мешуд, мубориза мебурд. Абдусалом ин азоби модарро дида, дар назди худ маќсад гузошт, ки духтури амрози даруна шавад. Ў барои амалї шудани орзуяш талош варзид. Абдусалом бо дуои неки падару модар њуљљатњояшро ба факултаи табобатии Донишкадаи тиббии шањри Душанбе (њоло Донишгоњи тиббии ба номи А. Сино) супурд. Солњои донишљўї паси сар шуданд. Дар ин давра аз устодони сахтгираш Љалол Турсунов, Насриддин Мањмадсодиќов, Рањматулло Абдуллоев, Раиса Сундукова, Светлана Бурњонова илми Сино ва нозукињои касби табибиро аз худ намуд. Устодон насињаташ мекарданд: “Аввал муносибатро бо мардум хуб намуда, беморро аз оѓоз то анљом гўш бидењ, корафтодаро, бидуни чикора ва куљої буданаш, бо сухани ширин ќабул бикун, сипас ба табобаташ оѓоз намо”. Абдусалом Имомов соли 1977 Донишгоњи тиббиро бомувафаќќият хатм намуда, бо роњхат ба Беморхонаи клиникии вилоятї ба номи Бўрї Воњидов омад. Соли 1978 интернатураро ба итмом расонида, дар шуъбаи амрози даруна мустаќилона ба фаъолият оѓоз кард. - Рўзи аввал сардухтури беморхона Бўрї Воњидов (рўњашон шод бод!) маро наздаш хонд, - он рўзњои нотакрорро бо некї ёдовар мешавад духтур Имомов. - Ин инсони шариф, хоксору заминї падарвор њарф зада, маслињату насињат дод. Дар анљоми суњбат барои оѓози корам дар бахши дармонбахшї дуои нек дод. Баъди ин худро танњо њис намекардам ва нисбати касб масъулиятшинос шудам. Суханони ширину панду насињаташ роњкушои кору зиндагиам шуданд. Барњаќ, Бўрї Воњидовро падари маънавии табибону

фаъолияташро идома дод. Ќобилияти ўро ба назар гирифта, соли 1986 мудирии шуъбаи амрози дарунаи беморхонаро ба уњдааш вогузоштанд. Акнун масъулияташ барои барќарор намудани шуњрати шуъба, интихоб ва љобаљогузории мутахассисон, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббї бештар гардид. Солњои зиёд дар ин вазифа кор карда, ба мардум хизмати шоистаи тиббї расонд. Духтур Имомов аз пайи шуњрат нарафт, маѓрур нашуд, хонаи ќасрмонанд насохт, сарват љамъ накард. Зиндагии хоксоронаро интихоб кард, ба касбаш содиќ монд, ба беморон даво бахшида, аз онњо чизе талаб накард, танњо дуои онњоро гирифт. Ин буд, ки дар байни мардум њамчун табиби њозиќ ном баровард, эњтиромашонро сазовор гашт. -Ба халќи азизам хизмат кардан бароям шарафи бузург аст,-мегўяд духтур Имомов.-Шукри Худованд соњиби хонаи обод, зављаи мењрубон, фарзандони бонангу номус ва соњибкасбу соњибмаълумот њастам. Аз касби интихобкардаам пушаймон нестам. Касби табибї ману оилаамро нон ва њам обрў дод, ки ин њама баракати дуои падар мебошад. Бале, духтур Абдусалом Имомов бо дуои падар сабзид, ба ќуллаи мурод расид. Имрўз ў оилаи хуб дорад, њаёти оилавиаш низ намунавї мебошад. Зављаи мењрубонаш янгаи Зулфия низ њамшираи шафќат аст, њоло дар маркази саломатии кўдаконаи шањри Бохтар фаъолият дорад. Дар 34 соли оиладорї онњо соњиби 5 фарзанд (се писар ва ду духтар) шуданд. Писарон касби пурифтихори падарро интихоб намуданд. Фурќат ва Зоирљон хатмкардагони Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон мебошанд. Њоло Фурќат дар вазифаи директори Маркази беморињои чашми вилоят ва Зоирљон ба њайси табиби амрози даруна ба мардум хизмати тиббї мерасонанд. Зокирљон бошад, факултаи дандонпизишкии Донишгоњи давлатии тиббии шањри Самараи Россияро хатм намуда, дар он љо аз рўйи касб фаъолият дорад. Духтаронаш Дилафрўз ва Гулнора баъди хатми ДДБ ба номи Носири Хусрав ба касби омўзгорї машѓуланд... Духтур Имомов њарчанд дар нафаќа аст, вале худро бе ин касбу бе коргоњ ва њамкорон тасаввур карда наметавонад. Махсусан шогирдонаш аз устодашон ифтихор дошта, њамеша ўро њамроњи худ дидан мехоњанд. Њамин аст, ки њоло дар пањлуи шогирдон фаъолияташро идома медињад. Дармонбахши беморон ва маслињатчии табибони љавон мебошад. Ба гуфтаи Чорёр Нурализода, директори Маркази ташхисию табобатии вилоят, табиби њозиќ Абдусалом Имомов мактаби таљрибаи соњаи тандурустии вилоят аст. Садњо шогирдон аз мактаби ин устоди хоксору мењрубон, инсони шариф гузашта, дониши тиббии худро такмил додаю устоди касби хеш гаштаанд ва дар хизмати халќу ватани азизамонТољикистон мебошанд.

Љавонони солим - љомеаи солим Шуъбаи тиббї-машваратии љавонон дар назди Маркази солимии репродуктивии ноњияи Ёвон соли 2017 дари худро барои ташхису маслињат ба љавонон кушодааст. Танњо соли гузашта ба ин шуъба 2165 нафар љавонон ва наврасон мурољиат кардаанд, ки бештари онњоро духтарон ташкил медињанд. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон пайваста таъкид менамоянд, ки ѓамхорї нисбат ба љавонон, њалли масъалањои вобаста ба наврасону љавонон самти муњимтарини фаъолияти давлату Њукумат буда, минбаъд низ ин тамоюл идома хоњад ёфт.

Бояд гуфт, ки ташкил гардидани шуъбаи махсус барои ќабули љавонон ва шунидани мурољиати онњо аз назари тиббї, аз доираи њамин ѓамхорињо мебошад. Азбаски солњои охир масъалаи солимии љавонон, гирифторї ба беморињои сироятї мавзўи доѓи рўз ба њисоб меравад, дар ин љо ќабул, муоина, табобат ва маслињатдињї ба таври ихтиёрї буда, натиљаи он махфї нигоњ дошта мешавад. Кормандони шуъба њамагї боихтисосу соњибтаљриба буда, бањри рўњану љисман солим мондани љавонон, ки ояндасозони љомеа ба њисоб мераванд, тамоми донишу малакаи худро сарф менамоянд. Дар бахши маслињатдињии шуъба бо маќсади баланд

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

бардоштани маълумотнокї оид ба пешгирии беморињо ва дигар масъалањои љавонон иштиёќдошта дар шакли маърўзаву суњбатњои хосса оид ба рафторњои хавфнок ва оќибатњои номатлуби он, оид ба њомиладории барваќтї ва оќибатњои он, њуќуќу уњдадорињои љавонону наврасон, оид ба беморињои зуњравї ва роњњои пешгирии он, оид ба вируси норасоии масунияти одам ва омилњои гирифторшавї ба ин беморї, оид ба маводи нашъовар, зарари он ва роњњои халосї аз он, чорабинињои гуногун гузаронида мешавад. Ба ин маќсад, аз љумла суњбату мулоќотњо, аксияи маќсаднок бо љавонону наврасон, падару модарон, инчунин бо шахсони аз

муњољирати мењнатї баргашта гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки бисёре аз чорабинињо якљо бо намояндагони Маркази мубориза алайњи ВИЧ/СПИД, маркази ТТЊС, кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњия, шуъбаи кор бо љавонон ва варзиш, бахши занон, љамоатњо баргузор карда мешавад. Мушоњидањо нишон медињанд, ки фаъолияти бахши маслињатдињии шуъба дар љараёни барќарорсозии саломатии љавонон наќши муносиб мегузорад. Як нуктаро ќайд карданием, ки дар шароити мураккаби замони муосир, љавонону наврасон ба гирифтани маълумоти зиёди даркору нодаркор бештар даст доранд. Вобаста ба њамин фаромўш насозанд, ки

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

Саттор Ќарахонов, «Хатлон»

нигањдошти саломатии онњо, пеш аз њама, ба дасти худи онњост. Бояд, ки аз њар гуна амалњои номатлуб, истеъмоли маводи мухаддир дурї љўянд, аз мулоќотњои мањрамонаи тасодуфї бипарњезанд. Зеро њар яке аз ин амалњои ба мардуми мо бегона оќибатњои басо зарраровар ба љисму љонро доранд. Кормандони шуъбаи тиббїмашваратии љавонон ва наврасони назди МСР-и ноњия њамеша дар кўшиши онанд, ки барои ќонеъ намудани талаботи љавонон ва наврасон ва дигар гурўњњои осебпазири љомеа дар мавриди нигањдорї ва солимии онњо сањмгузор бошанд. Манзура Алимардонова, духтури шуъбаи тиббї-машваратии љавонон ва наврасони назди МСР

оби шифобахши «Чашмаи Толеъ» Дар Пайёми навбатии хеш Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон њадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръатро эълон намуд ва бањри амалї гардидани ин њадаф дар шањру нохияњои кишвар коргоњу корхонањои саноатї мавриди истифода ќарор дода мешаванд. Дар ноњияи Муъминобод дар баробари сохтмони корхонањои нав коргоњу корхонањои мављударо ба кор медароранд. Дар Љамоати дењоти ба номи Шамсиддин Шоњин Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Чашмаи Толеъ» хатти истењсолии коргоњи оббарориро аз нав фаъол гардонид. Дар ин коргоњ оби ташнашикан аз чашмаи шифобахши “Толеъ” бандубаст гардида ба фуруш бароварда мешавад. Соњибкор Асрї Зоиров мегўяд: «Мо чанд сол дар ин коргоњ об истењсол кардем ва бо сабабњои гуногун онро муваќќатан бастем. Хушбахтона, имсол имкон даст дод, то коргоњро аз нав фаъол гардонем. Мањсулоти хешро, ки аз чашмаи шифобахш бандубаст мекунем, ба марказњои савдои шањри

Душанбе ва дигар шањру ноњияњо дастрас менамоем». Иќтидори истењсолии ин коргоњ то 5 тонна дар як баст мебошад ва аз сабаби шифобахш будани об харидоронаш хеле зиёд аст. Дар коргоњи мазкур дар баробари мардон занони мањаллї низ бо љои кори доимї таъмин шудаанд. Донагул Раљабова коргари корхонаи мазкур мегўяд: «Ба ин корхона 8 нафар занони дењот ба кор омадем. Кораш каме мушкил аст, зеро бо дастгоњњо бори аввал кор карда истодаем. Боварї дорем, ки онњоро меомўзем ва истењсоли мањсулотро афзоиш медињем». Дар нишасти матбуотї раиси ноњияи Муъминобод иброз дошт, ки дар шаш моњи соли љорї корхонаю коргоњњои саноатии ноњия ба маблаѓи 8 миллиону 4 њазор сомонї мањсулот истењсол кардаанд ва дар рўзњои љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон калонтарин корхонаи коркарди меваю сабзавот дар дењаи Шањринав ба истифода дода мешавад. Сафарзода Ширинљон

ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗї - АСОСИ ВУСЪАТИ КОРЊОИ САЊРОЇ

Бо маќсади дастгирии кишоварзону хољагидорон ва ба ин васила бењтар намудани самаранокии зањмати марди дењќон дар доираи лоињаи «Обёрї ва кишоварзї», ки аз љониби Ољонсии ИМА оид ба рушди байналмилалї дар Тољикистон (USAID) маблаѓгузорї мегардад, ба 20 хољагии дењќонии вилояти Хатлон тракторњои наву замонавї таќдим карда шуд. Дар маросими расмии супоридани трактор ва мошиноти кишоварзї муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед, намояндагони Ољонсии ИМА оид ба рушди байналмилалї дар Тољикистон ва кишоварзону хољагидорон ширкат варзида, ин ташаббусро натиљаи њамкории самарабахши маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бо шарикони рушд унвон намуданд. Нахуст, муовини раиси вилоят Зоирзода ба сухан баромада, зикр намуд, ки роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бањри тавсеаи њамаљонибаи соњаи кишоварзї ва вусъати корњои сањрої њамеша талош намуда, бо истифода аз таљрибаи пешќадами олимону мутахассисони варзидаи соња ва омўзонидани усулњои муосири парвариши зироати кишоварзї аз тамоми имконоти мављуда истифода менамояд. Дар баромади худ роњбари ташкилоти «Кемоникс Интернейшнл», ки татбиќкунандаи лоињаи болозикр ба шумор меравад, иброз намуд, ки ин кумаки онњо ба кишоварзон як бахши фаъолияти онњо буда, дар ояндаи наздик таќдими боз 20 адад тракторњои муљањњаз бо лавозимоти агротехникї дар назар дошта шудааст. Тибќи маълумоти иштирокчиёни њамоиш тракторњои мазкур дорои тамѓаи МС 504 буда, истењсоли ширкати «Юто»-и Љумњурии мардумии Чин мебошанд. Арзиши як адад трактор њамроњ бо техникаи ѓизодињию дигар мошинолоти зарурї, ки дар он насб гардидааст, 145 њазор сомонї буда, нисфи маблаѓи онро њамчун кумак ба бањрагирандагон Лоиња оид ба кишоварзї ва обёрї дар доираи ташаббуси «Озуќаворї ба хотири оянда» пардохт кардааст ва боќимонда 50 дарсади маблаѓи онро њуди кишоварзону хољагидорон супоридаанд. Кумаке, ки бо USAID маблаѓгуорї намудааст, њамчун грант буда, аз љониби кишоварзон баргардонида намешавад. Ѓайр аз ин, соњибони ин тракторњо метавонанд давоми

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Наљот САФАРЗОДА Тарроњ: Зафарљон Азизов

як сол аз хизматрасонињои техникии (таъмир) дастраскунандагон дар њолати зарурї ба таври ройгон истифода баранд. Таъкид гардид: «Танњо аз соњибони ин тракторњо њар моњ оид ба истифодаи самарабахши он маълумот гирифта мешавад», - гуфт Сабоњатулло Музаффаров муовини лоињаи болозикр. Имомбердї Ќудратов, ки роњбарии хољагии дењќонии ба номи Шањроми Ќудрат, ки дар ноњияи Кўшониён мебошад, мегўяд: «Мављуд будани техника аз љумла чунин тракторњо дар соњаи кишоварзї дар замони муосир яке аз василањои асосии пешрафти кори соња буда, њам кори хољагидоронро осон мекунад ва њам бо истифода аз онњо дењќон фоидаи хуб ба даст меорад». Ў афзуд, ки хољагии дењќонии «Шањроми Ќудрат» дорои 154 гектра замин буда, дар он пахта ва дигар намудани зироати кишоварзї кишт карда мешавад. Њарчанд хољагї дар ихтиёри худ баъзе аз техникањои кишоварзиро дорад, аммо ниёз ба чунин трактори замонавї дошт. Чун ба гуфта вай ин трактор, на танњо ба љуфткунии замину ѓизодињии зироати кишоварзї ва дарав ба кор меояд, балки онро метавон дар боѓот низ истифода бурд. Аксари кишоварзон бар он назаранд, ки барои бењтар ба роњ мондани кори сањро ва мувофиќи матлаб ба даст овардани њосил ба дењќон пеш аз њама техника ва нурињои минералї лозим меояд. Аммо вазъи иќтисодии аксари хољагињои дењќонї имкон намедињад, ки барзгарон тракторњои нав харидорї кунанд. Бо дарки ин мушкилї кумаки амалии шарикони рушд дар ин самт айни муддао буда, хољагидорон бо истифода аз ин имконияту фурсат соњибї трактор ва мошиноти кишоварзї гардидаанд, ки он дар фаъолияти мењнаткашон самараи дилхоњ медињад, Амонљон Мањкамов, махсус барои рўзномаи «Хатлон»

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 8.08.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8500 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи №33 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu