ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №27 (3212)
панљшанбе, 4 июли соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
«Мо имрўз метавонем бо ифтихор изњор намоем, ки истиќрори сулњу субот ва вањдати миллї дастоварди бузургтарин ва воќеан таърихии тољикон мебошад, ки мањз дар натиљаи њамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиќи халќамон муяссар гардид… Њар фарде, ки худро фарзанди Тољикистон медонад ва ќадру манзалати Тољикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард њамеша эњтиром гузорад ва тањкими вањдати миллиро рисолати шањрвандиву ќарзи фарзандї дониста, ба халалдор гардидани он њаргиз роњ надињад».
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Эмомалї РАЊМОН, Пешвои миллат
Гузориш аз таљлили Рўзи Вањдати миллї
Иљлосия
Раиси вилоят: «Рафти амалишавии Барномаи рушди оила мувофиќи матлаб нест»
Ќурбон Њакимзода: «ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БУНЁДГУЗОРИ МОДЕЛИ НАВИ СУЛЊОФАРЇ ДАР МИНТАЌА ВА ЉАЊОН АСТ» Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар арафаи Рўзи Вањдати миллї мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани як силсила иншооти љашниро дар маркази маъмурии вилоят – шањри Бохтар рамзи ободкорї, вањдатгарої ва зањматнописандии мардуми тољик номида, зикр кард, ки њар як сокини вилояти Хатлон бояд бо шукронаи сулњу субот ва оромиву осудагии кишвар њамеша барои тањкими вањдати миллї, таќвияти пояњои давлатдории миллї ва вусъати раванди бунёдкориву созандагї саъю талош намояд. Ба муносибати љашни Вањдати миллї, ки инак, бори 22-юм дар саросари Тољикистон таљлил мешавад, дар шањру навоњии вилояти Хатлон маросими ифтитоњи дањњо иншооти таъиноти гуногун, аз љумла коргоњњои истењсолї, биноњои маъмурию маишї, майдонњои варзишї, њаммому ќањвахонањо, боѓњои фароѓатию сайргоњњо барпо гардид. Дар ин рўз, дар кўчаи Кайњоннавардони шањри Бохтар майдончаи варзишї, ки барои бунёдаш 240 њазор сомонї харљ шудааст, мавриди истифодаи умум ќарор дода шуд. Дар маросими ифтитоњи ин майдончаи варзишї намояндаи Њукумати Љумњурии Тољикистон Бег Хол, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси шањри Бохтар Абдуалим Исмоилзода иштирок доштанд. Бунёди чунин майдончањои зебову замонавии варзишї аз љумлаи амалњои бунёдкоронаи соњибкорони маркази маъмурии вилоят ба њисоб меравад, ки дар заминаи дастуру супоришњои варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон татбиќ мегарданд. Маљмааи «Вањдат», воќеъ дар мањаллаи даромадгоњи шањри Бохтар, низ аз љумлаи иншооти љашнї буд, ки дар арафаи Рўзи Вањдати миллї бо тарњи зебову замонавї ба истифода супорида шуд. Масоњати умумии ин маљмааи хизматрасонї 8707 метри мураббаъро ташкил медињад. Дар ин гулгашти зебо барои истироњату фароѓати сокинону мењмонони Бохтар шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Роњраву нишастгоњњо бо тарњи муосир бунёд ва сарсабзии гирду атроф, растањо таъмин гардидааст, тамоми пањнои гулгашт бо чароѓњои рангоранг оро дода шудааст. Шоми 26 июн чорабинии марказии вилоятї ба муносибати таљлили 22-юмин солгарди Рўзи Вањдати миллї дар боѓи фарњангї-фароѓатии ба номи Рањмон Мўрчаеви шањри Бохтар барпо шуд. Боѓи мазкур пас аз таљдид ва
барќарорсозї дубора дар вазъияти мутантан ва хотирмон мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар расми кушодашавии ин маркази фароѓатї раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ва њайати њамроњони ў ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки боѓи фароѓатїфарњангии мазкур дар заминаи ташаббусњои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон навсозї гардида, тарњи замонавї гирифту ќабои сабз ба бар кард. Тавре ки аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар иттилоъ доданд, барои навсозии боѓи марказии шањр аз буљаи мањаллї як миллион сомонї људо гардида, бо љалби ќариб се миллион сомонии дигар атраксионњои замонавї харидорї ва насб карда шудаанд. Баъди навсозї гардидани боѓ, дар баробари фароњам омадани шароит барои истироњат, наздик ба 70 сокини мањаллї бо кори доимї таъмин хоњанд шуд. Масоњати умумии боѓи марказии шањри Бохтар, ки дар доираи корњои ободонї бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз нав барќарор ва бо тарњи муосир бунёд гаштааст, якуним гектарро дар бар мегирад ва дар як ќисмати боѓ барои бозии кўдакон арѓунчаку атраксионњо насб карда шуда, барои фароѓати калонсолон низ дар дохили боѓ шароити созгор фароњам гардидааст. Бо маќсади сарсабзии дохили боѓ 40 њазор дона гулњои мавсимї, 107 бех дарахтони ороишї, дар 13 нукта арѓунчак, 77 нишастгоњ ташкил карда шуда, масоњати дуюним њазор метри мураббаи дохили боѓро майсазор ташкил медињад. Ба ќавли манбаъ, бахше аз ин бунёдкорињо бо ташаббуси соњибкори шањр Салоњиддин Муњсиддинов сомон дода шуда, ќисмати дигари корњои ободонию созандагї аз њисоби буљети шањр маблаѓгузорї гардидааст. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода пас аз ифтитоњи расмии боѓи марказї ва тамошои њунарнамоии кўдаконтолибилмони муассисањои таълимии шањр, ба минбар омада, паёми шодбошии худро ба ифтихори 22-юмин солгарди Рўзи Вањдати миллї ба ањли љамъомад ва дар шахси онњо ба тамоми сокинони вилоят ироа намуд. - Мардуми шарифи Тољикистон, бахусус вилояти Хатлон, ки маркази даргирињо буд, оќибатњои дањшатнок ва зарбањои љонкоњи љангеро, ки аз љониби доирањои муайян ва бадхоњони миллати тољик бо маќсади ба сари мардуми мо тањмил кардани мазњабу
фарњанги бегона ва бунёди давлати исломї оѓоз шуда, боиси ба њалокат расидани дањњо њазор нафар шањрвандони мамлакат ва хисороти азими иќтисодї гардида буд, фаромўш накардаанд, - зикр кард раиси вилоят. – Хушбахтона, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон ба имзо расида, бо ташаббусњои созандаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ва дастгирии бевоситаи халќи кишварамон сулњу субот ва вањдати комили миллї дар Тољикистон таъмин гардид. Дар идомаи нутќи худ раиси вилоят Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмонро шахсияти бузурги таърихї ва бунёдгузори модели нави сулњофарї дар минтаќа ва љањон номид, зеро ў тавонист низои мушкили дохилиро дар муњлатњои нињоят кўтоњи таърихї тариќи сулњу созиш бартараф намояд. Ќурбон Њакимзода бо воќеияти даврони ба соњибистиќлолї расидани Тољикистон хубтару наздиктар ошно гардидани насли имрўзаи љавонро хеле зарур шуморида, афзуд, ки онњо бояд сабабњои аслии бохтњои давлати љавони худро аз диди аќлу дил дарк кунанд ва дар фазову рўњияи баланди ватанпарастиву ватандорї таълиму тарбия бигиранд, зеро њамдилию ягонагї аз њарваќта дида барои њамаи мо зарур буда, дар шароити кунунии пурзўршавии равандњои љањонишавї омили муњими таъмини суботи иљтимої ба њисоб мераванд. Раиси вилояти Хатлон сухани табрикиашро бо таъкид ба њифзи сулњу вањдат, якпорчагии Тољикистон, муттањидии халќи тољику тољикистонї, вусъати ободкорињо ва ёдоварї аз ташаббусњои созандаю бунёдкоронаи Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар хатми алангаи љанги шањрвандию барќарории сулњу вањдат, таъмини амнияту субот дар кишвар ба поён расонид. Дар интињо ба мардуми зањматкаши вилояти Хатлон Рўзи Вањдати миллиро табрик гуфта, барояшон рўзгори босаодат, саломатии бардавом ва осмони софу беѓуборро таманно намуд. Барномаи адабию њунарии ањли санъати вилоят идомабахши чорабинии идона дар боѓи марказии бозсозишудаи шањри Бохтар буд, ки онро дар баробари раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, муовинони раиси вилоят, роњбарияти шањри Бохтар, инчунин сокинону мењмонони сершумор тамошо карданд. Носирљон Маъмурзода, «Хатлон»
ИФТИТОЊИ МУАССИСАЊОИ ТИББЇ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШЇ ДАР НОЊИЯИ ДЎСТЇ Дар доираи силсилачорабинињо бахшида ба 22-юмин солгарди Рўзи Вањдати миллї, раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва њайати мењмонони расмї ба ноњияи Дўстї ташриф оварда, дар маросими ифтитоњи муассисањои тиббї ва майдончаи варзишї иштирок намуданд. Иншоотњои мазкур бо љалби сармояи дохилї ва хориљї бунёд гардида, маќсади он њифзи саломатии ањолї ва оммавигардонии варзиш мебошад. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, сардори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон Султонзода Сулаймон ва дигар мењмонон дар ифтитоњи дарвозаи навбунёди даромадгоњи ноњияи Дўстї низ ширкат варзиданд. Ин иншоот бо тарњу намои миллї ќомат афрохта, барои бунё-
ди он ќариб 800 њазор сомонї харљ гардида, њамчун љойи мувофиќ ва зебо барои ќабули мењмонони расмї истифода мешавад.
Њамчунин бахшида ба љашни Вањдати миллї дар дењаи Нурободи Љамоати дењоти “Дењќонобод”, бунгоњи тиббї ба истифода дода
шуд. Иншооти мазкур, ки дар пањлуи он дорухона мувофиќ ба меъёрњои замонавї бунёд ёфтааст, аз љониби соњибкори саховатпеша Файзалї Тўраев, бо лоињаи Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бунёд шуда, дар хидмати сокинон ќарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки маблаѓи умумии сохтмон 500 њазор сомониро ташкил медињад. Дар бунгоњ кормандони собиќадор ва мутахассисони љавон ба кор љалб шуда, ба сокинони дења, ки беш аз 2 њазор нафарро ташкил медињад, хидмати тиббї мерасонанд. Маќсад аз амалї намудани тадбири мазкур дастрасии ањолии дењоти дурдаст ба хизматрасонии таббї, пешгирї аз беморињои гуногун, коњиш додани хавфи фавти модару кўдак, фароњам овардани (Давомаш дар сањ. 2)
28 июни соли равон Иљлосияи 18-уми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, даъвати панљум баргузор гардид. Дар иљлосия масъалањои зерин мавриди баррасии вакилон ќарор гирифт: 1.Рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016, №40 “Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шањру ноњияњои вилоят. 2. Њисоботи сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон оид ба рафти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи омори давлатї” дар шањру ноњияњои вилоят. 3. Масъалањои љорї: А) Оид ба тасдиќ намудани ќарори Маљлиси вакилони халќи ноњияи Шањритуз “Дар бораи Наќшаи генералии маркази ноњияи Шањритуз шањраки Шањритуз”. Б) Оид ба тасдиќ намудани ќарори Маљлиси вакилони халќи ноњияи Љалолиддини Балхї “Дар бораи пешнињод оид ба таѓйир додани сарњади шањраки Балх аз њисоби пурра њамроњ намудани дењањои Ёш-Ленинчї, Тимошенко, Ѓалаба ва ќисман дењањои Гагарин, Истгоњи Киров, Максим Горкий ва Ленингради дењоти Њалевард ба њудуди шањраки Балх ва ба љойи дигар кўчонидани маркази маъмурии дењоти Њалевард”. Масъалањои кадрї. Иљлосияи 18-уми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, даъвати панљумро раиси вилоят, раиси Маљлиси вакилони халќи вилот Ќурбон Њакимзода њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо рўзномаи Иљлосия ошно намуд. Аз рўи масъалаи асосии рўзномаи Иљлосия рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016, №40 “Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шањру ноњияњои вилоят, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода гузориш дод. Тавре ки равшан гардид, дар асоси ќарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016 №40 “Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шањру ноњияњои вилоят, ќарори раисони шањру ноњияњо, љамоатњои шањраку дењот ќабул гардида, барои корбарї ба маќомотњои сохторњои дахлдор ирсол гардидааст. Барномаи мазкур аз панљ ќисм иборат буда, заминањои ќонунгузории њифзи манфиатњои оила ва такмили он бо дарназардошти хусусиятњои муосир, оила њамчун муњити иљтимої ва макони тарбияи фарзанд, заминањои иќтисодиву иљтимоии тањкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорї ва таъмини пойдории оила, њамчунин танзими оила ва солимии репродуктивиро дар бар мегирад. Тавре ки муовини раиси вилоят ироа дошт, тайи солњои 2016-2019 дар вилоят ва шањру ноњияњо 308700 сомонї барои амалї гардидани Барномаи мазкур пешбинї гардидааст. Дар соли 2016-ум 42 фисад, соли 2018ум 52 ва дар панљ моњи соли 2019ум 54,9 фоиз ё ин ки 26138 сомонї маблаѓ ба ин самт равона гардидааст. Дар вилояти Хатлон тибќи маълумоти Сарраёсати Аген-
тии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон шумораи оилањо, хољагињои ањолинишин дар соли 2018-ум 461207 оиларо таш-
кил додааст. Зимни суханронї нотиќ таъкид дошт, ки ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї”, “Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила”, “Дар бораи баќайдгирии сабти асноди њолати шањрвандї” ва Кодекси оила њамчунин, пешгирии људошавии оилањои љавон, љалби духтарон ба тањсил, роњњои пешгирии худкушї, пешгирии беморињои сироятї ва дигар масъалањои марбут ба ин мавзўъ бо иштироки кормандони раёсат, шуъба ва бахшњои кор бо занон ва оила, аъзоёни Шўрои занони вилоят, маориф, намояндагони маќомоти њифзи њуќуќ, САЊШ ва занони фаъол пайваста миёни
ањолї ва хонандагон вохўриву мулоќотњо доир гардидааст. Дар ин баробар тайи солњои амалишавии Барнома то панљ моњи соли равон чорабинињои гуногуни иттилоотї, фарњангї ва маърифатї баргузор гардидааст. Тањти унвони “Мањфуми оила ва наќши он дар њаёти инсон”, “Оила ва вазифањои љамъиятии он”, “Нашъамандї вабои аср”, “Ватандорї ин имондорист”, “Ман аз ватанам ифтихор дорам”, “Асрори хушбахтї”, “Наќши оила дар тарбияи фарзанд” дањњо семинару конфронс ва мизњои мудаввар баргузор гардидааст. Дар самти дастгирии ятимони кулл ки дар вилоят 750 нафар, аз љумла 548 нафар то 18-сола ба ќайд гирифта шудааст, корњои назаррас ба анљом расонда шудааст. Аз ин шумора 229 нафар ба васоят ва 351 нафар ба парасторї ва 150 нафар ба фарзандхонї ќабул карда шудааст, 79 нафари дигар дар муассисањои интернатї тарбия меёбанд. Чуноне ки дар Иљлосия
таъкид рафт, бо маќсади болоравии сатњи зиндагї ва некўањволии њар як оила, ба шуѓл фаро гирифтан ва ба омўзиши касб љалб намудани духтарони хонанишин дар вилоят муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолон” таъсис ёфта, филиалњои он дар шањру ноњияњои Бохтар, Кўлоб, Ш. Шоњин, Фархор, Ќубодиён, Дўстї, Ёвон, Данѓара, Темурмалик ва филиалњои корхонањои воњиди давлатии “Маркази омўзиши модулї” дар шањри Кўлоб, “Маркази касбомўзии соњибкорї” дар шањри Норак ва 7 намояндагї аз рўи 34 ихтисос фаъолият менамоянд, ки 23 намуди ихтисосњо касбу њунарњои мардумї мебошад. Дар шањру ноњияњои вилоят тибќи Барномаи давлатии мусоидат ба шуѓли ањолї 3965 нафар барои гирифтани ихтисосњои гуногун (Давомаш дар сањ. 2)
Иќдоми нек
Раиси вилоят тўйи арўсии Идибек ва Балхиннисоро барпо намуд Рўзи 30 июни соли 2019 барои Идибек Бобоев ва Балхиннисо Њакимова рўзи пурфайзу нишот, рўзи сайид ва хотирмон буд. Тибќи дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода боз як иќдоми љавонмардонаю хайрхоњона ба анљом расид. Оилаи Бобоевњо -Идибек, Мусалмон ва Ситорамоњ аз соли 1996 ятими кулл буда, дар хонаи амакашон истиќомат мекарданд. Ин ятимонро амакашон Бозорбой Бобоев нигоњубин мекард. Оилаи онњо иборат аз 7 нафар буда, шароити хуби рўзгор надоштанд, хонаашон таъмирталаб буд. Гарчанде ки синну соли Идибек аз 30 боло рафта буд, вале бо набудани шароит оиладор шуда натавонист. Бо иќдоми раиси вилоят Ќурбон Њакимзода Идибек соњиби њамсари хубу мењрубон гардид. Тамоми харољоти маърака, таъмиру тармими хонаву њавлиро бо таъмини асбобу анљоми рўзгор дар як фурсати начандон тўлонї ба љо оварда, ин љавонмардро ба орзуи деринааш расониданд. Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон пайваста ба ятимону бепарасторон таъкид медорад: “Ман шуморо танњо намегузорам”. Дар њаќиќат сиёсати инсондўстонаву ятимпарваронаи Роњбари давлат имрўз њар як шахси баору номусро водор месозад, ки дасти дармондаеро бигирад, сари ятимеро сила намояд. Бењуда нагуфтаанд: Падармурдаро соя бар сар фикан, Ѓубораш биафшону хораш бикан. Воќеан, рўзи якшанбе чењраи хандони Идибек ба тўйи арўсї зиннати дигар мебахшид. Кормандони масъули маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят дар хизмати тўйи арўсии Идибек Бобоев ва арўси хонадон Балхиннисо Њакимова ќарор доштанд. Яке мењмононро пазирої мекарду дигаре ба ороиши тахти арўсиву домодї машѓул буд. Аз чењрањои хушњоли арўсу домод, ки ба зиндагии мустаќилона ќадамњои
нахустини хешро гузошта буданд, як љањон маънї бардоштем. Шукргузорї аз сиёсати оќилонаи Пешвои миллат, сипосгузорї аз иќдоми неки раиси вилоят. Идибек дар шањри Душанбе ба корњои сохтумонї машѓул буда, арўси нозанинаш омўзгор аст. Ў мехоњад, ки дар муњити оилаи солим фарзандони солим ба дунё оварад ва дар ин баробар дар тарбияи насли наврас низ сањмгузор бошад. Зеро арўси хонадон Балхиннисо Њакимова омўзгор аст. Дар оилаи омўзгор ба дунё омада, касби падарро идома медињад. Мехоњанд ки оилаи солиму бунёдкор таъсис дода, чун оилаи намунавї дар дењаи Шириншоњ Шоњтемури ноњияи Кўшониён соњиби иззату эњтироми њамагон гарданд. Дар базми хурсандии ин љуфти љавон кормандони идораи фарњанги ноњияи Кўшониён низ ширкат варзида, хотири њамагонро бо шеъру тарона шод намуданд. Мењмонон мераќсиданду хушњолї доштанд ва дуогўи он буданд, ки ин оилаи навбунёди љавон зери осмони софу беѓубори ватани соњибистиќлоламон зиндагии ширин ба сар дошта бошанд ва фарзандони солењу солимро ба камол расонанд. Вахшона, «Хатлон»
2
ХАТЛОН
(Аввалаш дар сањ. 1) ба курсњои махсуси кўтоњмуддат љалб гардиданд, ки 67,3 фоизро ташкил медињад. Аз њисоби занону духтарони хонанишин дар курсњои кўтоњмуддати дўзандагї 735, дўзанда-гулдўз 175, бофандагї 254, зардўзї 94, адрасбофї 189, ќолинбофї 144, тоќидўзї 27, либосдўзї 16, гулдўзї 322, кошонаи њусн 20, попурї 17, чакандўзї 207, мўњрабофї 40, ќуроќдўзї 401, дўхти либосњои миллї 20, сабадбофї 60, гилембофї 37, дўхти либосњои мактабї 402, љуроббофї 40, ќаннодї 93, омўзиши забонњои русї ва англисї 30, муњосибот 39, омўзиши компютер 126 нафар тариќи ройгон омўзонида шуда, шањодатномаи хатми курсњои мазкурро гирифтанд. Љињати аз худ кардани касбу њунарњои замонавї ба Раёсат ва шуъбањои Агентии мењнат ва шуѓли ањолии вилоят ва шањру ноњияњои вилоят дар соли 201615798 (+8635 зиёд), соли 201714809 (-989 кам), соли 2018-16935 (+2126 зиёд), дар панљ моли соли 2019-8380 (-865 кам) нафар таъмин гардиданд. Ба касбомўзї дар соли
Панљшанбе, 4 июли соли 2019, №27 (3212)
Раиси вилоят: «Рафти амалишавии Барномаи рушди оила мувофиќи матлаб нест» 2016-4873 (+156 зиёд), соли 20174474 (-399 кам), соли 2018-4872 (+398 зиёд), дар панљ моњи соли 2019-3201 (-210 кам) нафар фаро гирифта шуданд. Њамин тавр дар Иљлосия таъкид гардид, ки ќабули барномаи мазкур бодарназардошти наќши калидии оила дар таъмини суботу якдигарфањмї, вањдату якдилї дар љомеа, пешгирии љалби љавонон ба гурўњу њаракатњои ифротиву террористї, ба тарбияи дурусти фарзандон њуљљати муњим дар самти таќвияти фаъолияти нињодњои давлатї ва љомеаи шањрвандї хоњад гашт. Пас аз маърўза вакилон аз шањру ноњияњои вилоят ба музокира баромада, нисбати иљроиши Барнома дар шањру ноњияњо ибрози назар намуданд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни суханронї аз он изњори нигаронї намуд, ки њанўз њам дар баъзе шањру ноњияњои
вилоят рафти амалишавии Барномаи рушди оила мувофиќи матлаб нест. Аз ин рў, масъулини шањру навоњї ва шуъбаю бахшњои маќомотњои иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо ва љамоатњои шањраку дењотро, ки бевосита иљрокунандагони Барномаи номбурда мебошанд, љињати амалишавии талаботи Барнома муваззаф намуд. Њамчунин комиссияи доимии Маљлиси вакилони халќии вилояти Хатлон оид ба масъалањои илм ва маориф, фарњанг, иттилоот, тандурустї, муњофизати оила ва њифзи њуќуќи кўдак, кор бо љавонон ва варзиш, маљлисњои вакилони халќ, љињати иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016 “Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шањру ноњияњои вилоят, барои иљрои нишондињандањои пешбинигардидаи Барнома муваззаф
гардиданд. Аз рўи масъалаи дуюми Иљлосия њисоботи сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон Ќурбоншоњ Њакимов оид ба рафти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи омори давлатї” дар шањру ноњияњои вилоят шунида шуд. Тавре ки таъкид гардид дар панљ моњи соли равон мутахассисони Сарраёсат дар 130 ташкилоту корхонањо санљишњои эътимоднокии маълумотњои омориро гузарониданд. Натиљаи санљишњо муайян намуд, ки њанўз њам камбудињо оид ба пешнињоди сариваќтии њисоботи оморї ба назар мерасад. Соли 2020 дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил гузаронида мешавад. Дар ин самт корњои омодагї дар шањру ноњияњо анљом ёфта истодааст.
ИФТИТОЊИ МУАССИСАЊОИ ТИББЇ ВА МАЙДОНЧАњоИ ВАРЗИШЇ
(Аввалаш дар сањ. 1) шароити хуби тиббї ва дар муњити созгор анљом додани хатнаи кўдакон ба њисоб меравад. Дар доираи наќша-чорабинињо бахшида ба таљлили Рўзи Вањдати миллї дар дењаи Найсони Љамоати дењоти “Љиликўл” иншооти дигар-бунгоњи тиббї ба фаъолият оѓоз намуд. Ин муассисаи тиббї бо сарфи беш аз 500 њазор сомонї дар доираи барномаи «Литака»-и Љопон оид ба «Тањкими низоми тандурустї» бунёд гардидаст, ки аз 4 њуљра иборат буда, дар он 5 нафар ба љойи кор таъмин шуданд. Маќсади бунёди бунгоњњои тиббии замонавї дар сатњи баланд ба роњ мондани
хизматрасонии тиббї дар дењотљой мебошад, ки ин тадбир дар доираи эълон гардидани Солњои 2019-2020 њамчун «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» амалї гашта истодааст. Минбаъд сокинони дењаи Найсон барои дастрасї ба кумаки аввалияи тиббї маблаѓ харољот карда, ба маркази ноњия намераванд, зеро чунин хизматрасонї дар дењаи онњо муњаё гардид. Иншооти дигаре, ки тибќи наќшачорабинињо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Дустї бо иштироки роњбарияти вилоят ва Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсиияи Љумњурии Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор гирифт, ин майдончаи
варзишї буд. Иншооти мазкур замонавї ва болопўшида буда, дар сатњи он барои бозии футболи хурд майсаи сунъї гузошта, имконот фароњам оварда шудааст, то дар њама фаслњои сол љавонон ба варзиш машѓул шаванд. Дар бунёди майдончаи варзишї соњибкори муваффаќ Саидов Саидмуъмин 400 њазор сомонї харљ намудааст. Зимни суњбат раиси вилояти Хатлон ќайд намуданд, ки бо бунёди майдончањои варзишї, таваљљуњи наврасону љавонон ба варзиш бештар гардида, сафи гароиши љавонон ба гурўњњои ифротгаро кам мешавад. Зеро љавонон ба бозињои гуногуни варзишї саргарм шуда, ба доми фиреби ифротгароён намеафтанд ва дар як ваќт онњо љисми худро обутоб дода, њамчун љавонмардони солиму љасур ба камол расида, дар хидмати халќу ватан камар мебанданд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноњияи Дўстї аз рафти корњои сохтмонии боѓи фарњангию фароѓатї шиносої пайдо кард. Иттилоъ дода шуд, ин макони сайру гашти оммавии сокинон аз рўи лоињаи тасдиќшуда бо харљи 3 миллион сомонї бунёд мегардад. Айни њол дар иншооти мазкур беш аз 30 нафар сохтмончиён бо истифода аз техникаву механизмњои сохтмонї ба кор машѓуланд. Њудуди боѓ 2 гектару 82 сотихро дар бар мегирад, ки дар он бунёди фавворањо, гулгаштњо ва насби чароѓпояву нишастгоњњо дар назар аст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба масъулини ноњияи Дўстї дастур дод, ки барои зеботар шудани ин макон бинои фарњанги ноњия аз таъмир бароварда шавад ва иншооти ёрирасони њудуди боѓ, ки аз ањди Шўравї ба мерос мондаасту корношоям мебошад, дар шакли замонавї сохта шаванд. Њамзамон таъкид шуд, ки мутахассисон дар њудуди боѓ масъалаи насби пояи Парчам ва Нишони давлатиро дида бароянд. Дар маљмўъ баъди
Бањисобгирии омории даќиќ ва сариваќтии сохтмони иншоотњои љашнї бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон зарур аст, таъкид дошт раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва афзуд, ки њанўз њам дар самти истењсоли мањсулоти кишоварзї, саноат, сохтмон ба њисоботњои оморї диќќати аниќ дода намешавад. Садњо иншоотњои тозабунёд њанўз ба њисоботи оморї ворид нагардидаанд. Аз ин рў, раиси вилоят ба масъулини соња ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо супориш дод, ки љињати сари ваќт пешнињод намудани њисоботњои омори давлатї тадбирњои зарурї андешида чорањои судмандро амалї намоянд. Њамин тавр вакилон ќарорњои Маљлиси вакилони халќи ноњияи Шањритуз ва ноњияи Љалолиддини Балхиро тасдиќ намуданд. Дар рафти Иљлосия як ќатор ќарорњои раиси вилоят низ тасдиќ гардиданд. Бо њамин Иљлосияи 18-уми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба кори хеш хотима бахшид. А. сАФАРОВА,
ба истифода додани боѓи мазкур сокинони ноњияи Дўстї метавонанд, дар муњити тозаву замонавї ва зебо истироњат намоянд. Баъди боздиди мењмонон аз боѓи фарњангї-фароѓатии ноњия дар шањри Бохтар раиси вилоят ва директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар расми ифтитоњи майдончаи варзишї иштирок намуданд. Тавре ки таъкид гардид, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон аз давраи таъсисёбї, зери ѓамхорињои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон барои бењсозии зиндагї ва шароити хизматии њайати шахсї эътибор медињад. Бо ин маќсад дар њудуди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон майдончаи замонавии варзишї ба истифода дода шуд, ки кормандон берун аз ваќту соати корї ба таври мунтазам ба машќу тамрин ва обутоби љисмонї машѓул мешаванд. Тамоми корњои сохтмонии майдончаи варзишї, кабудизоркунї, насби таљњизоти варзишию истироњатї бо љалби мутахассисони соња дар доираи лоињаи тасдиќгардида бо риояи меъёру ќоидањои сохтмонї ба анљом расонида шудааст. Њамчунин дар Раёсат барои кормандон ошхонаву дигар њуљрањои ёрирасон ва хобгоњ барои 12 нафар сохта шудааст, ки њама њуљрањо бо телевизор, кондитсионер, љевон, кати хоб ва дигар таљњизоти зарурї муљањњаз гардонида шудааст. Њадаф аз ба вуљуд овардани шароити кору истироњат баланд бардоштани самаранокии мењанат ба њисоб меравад. Ба ин хотир биноњои корї мавриди таъмиру таљдид ќарор гирифта, њуљрањои он ба тамоми техникањои замонавї таъмин мешаванд. Дар робита ба иншооте, ки мавриди бањрабардорї ќарор гирифт, гуфта шуд, ки ин њама дастовардњо самараи сулњ ва истиќлолияти давлатї мањсуб меёбанд. Минбаъд њам чунин ободкорињо зина ба зина идома меёбад, то барои сокинон шароити зиндагии арзанда ва шоиста муњаё гардад. Б. МИРОВ
Вањдати миллї - нишони пойдорї ва устувории миллат
Хонандагон дар муассисаи замонавї тањсил мекунанд Дар рўзи љашни Вањдати миллї толибилмону омўзгорони мактаби тањсилоти миёнаи умумии №38-и Љамоати дењоти “Бустонќалъа”-и ноњияи Кўшониён соњиби мактаби нави замонавї гардиданд. Дењаи Эргаш дурдасттарин дењаи ноњияи Кўшониён ба њисоб рафта, то имрўз хонандагон дар як бинои куњнаи дорои њамагї 6 синфхона таълим мегирифтанд. Тибќи наќша-чорабинињо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ин дењаи дурдасти кўњї бинои хушсохти дуошёнаи њозиразамон ќомат афрохт. Аз ин падидаи нек хурсандии толибилмон, омўзгорон ва сокинони дењкадаро њадду канор набуд. Дар њаќиќат мактаб махзани муќаддаси омўзиши илму маърифат аст. Дар тантанаи баистифодадињии иншооти муњими хољагии халќ муовини аввали раиси вилоят Амоннуло Хайрулло, раиси ноњияи Кўшониён Љаббори Ѓаффор, муовини вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Мирбобо Рањматулло ва сокинони дењаи Эргаш ширкат доштанд. Муассисаи мазкур бо маблаѓгузории Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо маблаѓи беш аз 3,5 миллион сомонї бунёд гардидааст. Ин буд,
ки зимни тантанаи ифтитоњи муассиса муовини аввали раиси вилоят аз хизматњои арзандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон љињати рушди маориф ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки дањњо дастуру барномањои ќабулгардида бањри рушди соњаи маориф, баланд бардоштани сатњу сифати таълим ва бењтар намудани шароити донишандўзии наврасон равона гардидааст. Чуноне ки дар љамъомад таъкид рафт, беш аз 19 фоизи маблаѓњои буљети љумњуриявї ба соњаи маориф равона гардидааст. Аз љумла 17 фисади маблаѓгузории буљети ноњия низ ба ин самт нигаронида шудааст. Мактаби мазкур њамзамон дорои 10 адад компютер ва синфхонаи компютерї гардид. Дар ин муассиса дар як баст 144 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Омўзгорону волидайни хонандагон миннатдории хешро ба роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон изњор намуда, таъкид доштанд, ки бањри боз њам бењтар намудани сатњи таълиму тарбия кўшиш ба харљ медињанд. «Хатлон»
Дар сартосари ватани азизамон - Тољикистони соњибистиќлол, аз љумла вилояти Хатлон 22-юмин солгарди Вањдати миллї бо шукуњу шањомати хосса ва омодагињои њамаљониба љашн гирифта шуд. Бо иќдоми маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон конфронси илмї тањти "Вањдати миллї нишони пойдорї ва устувории миллат аст" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ки дар маљлисгоњи хурди Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, занони собиќадор, олимон, мудирони шуъбањои кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо ширкат варзиданд. Собиќадори мењнат Туњфа Ањмадова дар мавзўи “Наќши занон дар Вањдати миллї”, профессор, доктори илмњои филология Табассум Таѓоева оид ба мавзўи “Наќши занон дар тањкими вањдати миллї”, мудири бахши кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб Бибиноур
Хушвахтова дар мавзўи “Бузургии занон аз вањдат аст”, Дилбар Талбова, мудири шуъбаи кор бо занон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Фархор, вобаста ба мавзўи “Вањдат баќои миллат” , Наргис Нурализода, номзади илмњои иќтисодї, дар мавзўи “Наќши вањдат дар пешрафти иќтисодиёти кишвар” маърўза намуданд. Дар њаќиќат зимни маърўзањо доир ба хизматњои бесобиќаи Асосгузо-
ри сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба имзорасии Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, ободониву сарсабзии ватани соњибистиќлоламон -Тољикистони азиз таъкид ба миён рафт. Чуноне ки Роњбари давлат таъкид медорад Вањдати миллї сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоњ медорад ва вазифаи муќаддаси њамаи мо аз он иборат аст, ки бо зањмати созанда ин пояи давлатдории мил-
латамонро тањким бахшем. Иштирокдорони конфронс бори дигар таъкид ба миён оварданд, ки бањри нигоњдории Вањдати миллї, ки бењтарин муќаддасоти инсонї ба шумор меравад, бояд сањмгузор бошем ва дар самти тарбияи насли наврас ва љавонон дар рўњияи ватандўстиву ободкорї кўшиш ба харљ дињем. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ви-
лояти Хатлон Раъно Рањимзода зимни суханронии хеш дар мавзўи “Неруи миллат дар Вањдат аст” иброз дошт, ки дар њаќиќат самараи Вањдати миллї имрўз дар њар ќадам эњсос мегардад. Садњо иншоотњои иќтисодиву иљтимої бунёд гардида, Тољикистон рўз то рўз ободу зебо ва дилрабо гардида, диќќати ањли љањонро ба худ љалб намудааст. Тавасути хизматњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон тайи 22 соли охир ватани азизи мо ба комёбињои бузургу назаррас ноил гардида, иншоотњои ањамияти стратегидошта, аз ќабили НОБ-и “Сангтўда-1”, “Сангтўда-2”, Неругоњи барќи обии “Роѓун” , наќбњои Шаршар, Хатлон, Истиќлол бунёд гардидааст. Њамаи ин дастовардњо самараи Вањдати миллї буда, нерубахшандаи миллат вањдат аст,- таъкид дошт Раъно Рањимзода зимни суханронї. Њамин тавр Бибинисо Табарова, Зебо Сатторова, Шањло Њасанзода, Асалмо Сафарова ва дигарон низ нисбати арзишњои Вањдати миллї, азму талошњои Роњбари давлат дар љодаи баимзорасии Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, дастовардњои даврони Истиќлолият ва самараи неки Вањдати миллї сухан ронданд. ВАХШОНА, «Хатлон»
НАЗОРАТИ ПРОКУРОРЇ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН
Замин моликияти давлат аст
Замин, дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халќ кафолат медињад. Љињати муњиммият ва арзишманд будани истифодаи замин Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид кардааст: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи љумњурї, ояндаи халќи Тољикистон аз бисёр љињат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чї гуна ба роњ монда мешавад”. Њар ваљаб, њар пораи хоки поки ватан барои мо азизу муќаддас аст. Зеро 93 фоизи кишвари моро кўњсор ташкил карда, њамагї 7 фоизашро заминњои њамвори корам ташкил медињад. Ёдрас мешавем, ки Сарвари давлат њанўз 30 ноябри соли 2012 ваќти суханронї дар маросими ифтитоњи бинои нави Кумитаи идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон ва дар Паёми худ аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтњои сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон” таъкид намуда буданд, ки њар як ваљаби замини корам, бояд њамчун омили таъминкунандаи амнияти озуќавории кишвар, ки яке аз њадафњои стратегии миллатамон ба њисоб меравад, истифода бурда шавад. Бе истифодаи дурусти замин ва таъмини самараноки он масъалаи афзун намудани њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї ѓайриимкон аст. Вилояти Хатлон аз љињати рушди иќтисодї њамчун вилояти аграрїсаноатї мањсуб ёфта, њар як шањрванди вилоятро мебояд заминро оќилона, пурра ва самаранок истифода бурда, њифзи онро таъмин намояд. Хурсандибахш аст, ки дар давраи Истиќлолият бо саъю кўшиш ва ташаббуси Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат дар ин љода корњои шоистае анљом ёфт. Дар давраи Истиќлолият бо саъю кўшиш ва ташаббуси Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба сокинони шањру ноњияњои љумњурї љињати бењтар намудани шароити зист 135 њазор гектар замин ба як миллиону 400 њазор оила барои бунёди манзилњои истиќоматї људо карда шудааст. Яъне беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар соњиби ќитъањои замин шудаанд. Дар ин замина, тибќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 декабри соли 2018, тањти №1168 ва њамчунин Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 4 январи соли 2019, тањти №1172 дар бораи сохтори Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон аз 14 январи соли 2019 Раёсати назорати иљрои ќонунгузории замин таъсис дода шуд. Раёсати мазкур бевосита иљрои талаботњои ќонунгузории заминро дар миќёси љумњурї назорат мекунад. Дар прокуратураи вилоят бошад, бахши назорати иљрои ќонунгузории замин таъсис дода шудааст. Тањлилу љамъбасти натиљаи санљиши њолати иљрои ќонунгузории замин дар шањру ноњияњои вилоят муайян намуд, ки масъулини маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, Кумитаи идораи замин, КДФ “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул”, меъморон, хољагињои дењќонї ва заминистифодабарандагон ба љойи таъмин намудани истифодаи босамари заминњои кишоварзї дар баъзе мавридњо даст ба таќсими ѓайриќонунї, сохтакории њуљљатњо ва хариду фурўши замин мезананд. Дар натиља садњо гектар заминњои њосилхез бе бозгашт аз гардиши кишоварзї берун мемонад. Дар асоси банди 2-и наќшачорабинињои Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон оид ба пешгирии ќонунвайронкунињо дар самти истифодаи самараноку оќилонаи замин, ки аз љониби Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон, генерал-полковники адлия Рањмон Юсуф Ањмадзод тасдиќ карда шудааст, бо фаъолон ва масъулини иљрои ќонунгузории замин пайваста вохўрињо баргузор менамоем. Агар дар давоми соли 2018 њамагї дар самти ќонунгузории замин 325 адад парвандањои љиноятї оѓоз гардида бошанд, он гоњ дар семоњаи аввали соли љорї аллакай 147 адад парвандањои љиноятї оѓоз карда шудаанд. Бо натиљаи 136 санљиши прокурорї дар њудуди вилоят дар давоми 1 солу се моњи охир унвонии раисони шањру ноњияњо ва дигар маќомотњои дахлдор 262 пешнињод дар бораи бартараф намудани ќонунвайронкунињо, сабабу шароитњои ба онњо мусоидаткарда , 307 амр дар бораи бартараф намудани ќонунвайронкунињо ирсол намуда, бо натиљаи баррасии онњо бањри пешгирї намудани ќонунвайронкунии замин чорањои дахлдор андешида шудаанд. Дар баробари ин, 171 нафар ба љавобгарии интизомї кашида, 240 нафар ба љавобгарии моддї ва 518 нафар ба љавобгарии маъмурї кашида, љаримабандї карда шудаанд. Барои бекор кардани санадњои ѓайриќонунии раисони шањру ноњияњо, љамоатњои шањраку дењот ва роњбарони хољагињои кишоварзї 441 эътирози прокурорї оварда шудааст. Нисбати шахсони гунањгор 472 адад парвандањои љиноятї оѓоз карда шудааст.
Танњо дар давоми соли 2018 ва се моњаи соли љорї нисбати 72 нафар шахсони масъул ва мансабдор, ки худ бояд иљроиши ќонунгузории заминро таъмин мекарданд, парвандањои љиноятї оѓоз карда шудааст. Аз онњо 14 нафар кормандони Кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул”, 24 нафарашон раисон ва кормандони љамоатњо, 25 нафар роњбарони хољагињои дењќонї ва 9 нафари дигар шахсони мансабдор мебошанд. Дар маљмўъ, дар соли 2018 њамагї 6002 љиноят ба ќайд гирифта шуда бошад, аз он 390 љиноят вобаста ба замин мебошад, ки 6,5%-и шумораи тамоми љиноятњои ба ќайдгирифтаро ташкил медињад. Мутобиќи Кодекси замини Љумњурии Тољикистон маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњо, љамоатњо, Кумитаи идораи замин, њифзи муњити зист ва заминистифодабарандагонхољагињои дењќонї уњдадоранд назорати давлатии истифодаи њифзи замин ва мувофиќи маќсад истифодабарии онро назорат кунанд. Дар њудуди вилоят баъзе кормандони Кумитаи идораи замин, маќомоти меъморию шањрсозї, љамоатњо, раисони хољагињои дењќонї ва дигар шахсони мансабдор ба љойи назорат намудан баръакс худ заминњои таъиноти кишоварзиро бо њар роњу восита ѓайриќонунї таќсим ва ё ба ивази маблаѓњои калони пулї ба шањрвандон фурўхтаанд. Чунончї, раиси хољагии дењќонии “Бек”-и ноњияи Кўшониён Миразизов Рустам Аламович, бо роњи фиреб ба боварии шањрванд Аслонов Содиќљон даромада, бо бањонаи људо карда додани замини наздињавлигї маблаѓи 12200 (дувоздањ њазору ду сад) доллари ИМА гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст. Нисбати номбурда барои ќаллобї парвандаи љиноятї оѓоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Наљмудин Рустамов бошад, дар вазифаи мудири бахши кишоварзии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Левакант кор карда, дидаю дониста, яъне медонад, ки ваколати ба шањрвандон људо карда додани заминро надорад, ќитъаи замини зери сохтмони нуќтаи обтаъминкуниро тобистони соли 2016 ѓайриќонунї ба 16 нафар эњтиёљмандон барои сохтмони хонаи истиќоматї људо карда додааст. Санаи 15-уми апрели соли љорї нисбати номбурда парвандаи љиноятї оѓоз карда шуда, тафтиши пешакии он дар прокуратураи вилоят идома дорад. Мувофиќи муќаррароти моддањои 6 ва 55 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон яке аз маќомоти асосие, ки назорати истифодаи самараноку оќилонаи замин ба зиммааш вогузор шудааст, Кумитаи идораи замин ва сохторњои он дар мањалњо мебошад. Маќомоти мазкур вазифадор шудааст, ки риояи бемайлони ќонунгузории замин, истифода ва њифзи онро аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, маќомоти давлатї, шахсони воќеї ва њуќуќї, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон таъмин намоянд. Баъзе аз масъулини Кумитаи идораи замини шањру ноњияњо ба љойи иљрои вазифањои ба зимаашон вогузоршуда баръакс худ ба таќсимоти ѓайриќонунии заминњои таъиноти кишоварзї даст задаанд. Раисони Кумитаи идораи замини ноњияњои А. Љомї Б.Ѓуломов, Вахш З. Назаров, Фархор С. Сафаров ва мутахассиси Кумитаи идораи замини шањри Бохтар Дилшод Кенљаев бар ивази маблаѓњои калони пулї заминњои таъиноти кишоварзиро ба шањрвандон барои сохтмони манзилњои истиќоматї таќсим карда додаанд. Зарифов Мирзомуддин дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноњияи Ёвон кор карда, даст ба содир кардани љинояти сохтакории хизматї зада, њангоми вобаста намудани ќитъаи замини зери бино ва таваќќуфгоњи намояндагии Иттифоќи автомобилчиёни ноњия ба љойи 7 нафар аъзоёни комиссияи ноњиявї њуљљатњоро сохтакорона тартиб дода, бо мўњру имзоњои аъзоёни комиссия тасдиќ кардааст. Оид ба ин њодиса прокуратураи ноњияи Ёвон нисбати М. Зарифов барои сохтакорї парвандаи љиноятї оѓоз намуда, бо натиљаи баррасии судї љазои сазовор гирифтааст. Тањлилњо нишон дод, ки кормандони Корхонаи давлатии фаръии “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул”-и шањру ноњияњо дар таќсимоти ѓайриќонунии заминњои таъиноти кишоварзї ва заминњои истифодаи умум даст доранд. Масалан, мутахассиси Корхонаи давлатии фаръии “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул”-и ноњияи А. Љомї Ќурбонов Алишер дар давраи соли 2018 майдони 0,60 га заминњои корами обии хољагии дењќонии “Файзалї Саидов”-ро ба 6 нафар шањрвандон ба ивази 18000 доллар барои сохтмонњои манзили истиќоматї фурўхтааст, ки дар натиља ў барои ин амали ѓайриќонуниаш ба љавобгарии љиноятї кашида шудааст. Тибќи талаботи моддаи 8 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маќомоти худидоракунии шањраку дењот” назорати давлатии истифода ва њифзи заминро дар мањалњо љамоатњо амалї менамоянд. Мутаассифона, бархе аз масъулини љамоатњои шањрак ва дењоти шањру ноњияњо ба љойи пешгирї ва њифз намудани заминњои пурќиммати њосилхез худашон даст ба таќсимоти ѓайриќонунии заминњо задаанд. Чунончї, вакили Маљлиси вакилони халќи ноњияи Кўшониён аз њавзаи интихоботии “Мењнатобод-10” Њурматов Раљабалї Шарифович аз 2 майи соли 2014 дар вазифаи раиси Љамоати дењоти “Мењнатобод” кор карда, барои ба рўйхати эњтиёљмандони ќитъаи замини наздињавлигї дохил намудан ва додани пешнињоди љамоат оид ба додани 0,03 га замин аз шањрванд
(Давомаш дар сањ. 3)
Замин моликияти давлат аст (Аввалаш дар сањ. 2) Зокирљон Юсуфхонов 4500 доллари ИМА талаб намуда, гирифтааст. Њоло нисбати номбурда парвандаи љиноятї оѓоз гардида, мавриди тафтиш ќарор дорад. Раиси Љамоати дењоти “Сарвари Истиќлол” О.Р. Саидов майдони 1,08 га ќитъаи замини корами обиро ѓайриќонунї ба шањрвандон њамчун замини наздињавлигї таќсим карда додааст. Њолати мазкур сариваќт ошкор карда, то оѓози сохтмон дар асоси амри прокурори ноњияи Кўшониён майдони 1,08 га ќитъаи замини хољагии дењќонии “Бобои Њайдар” ба њолати аввала бозпас гардонида шудааст. Барои ин кирдорњо О. Саидов ба љавобгарии љиноятї кашида шуд. Содиркунии љиноят аз љониби шахсони масъули љамоатњои шањрак ва дењот дар шањру ноњияњои Кўлоб, Панљ, Хуросон, Ёвон ва А. Љомї 4 њолатї, Фархор, Шањритуз, Восеъ, Вахш 3 њолатї љой доранд ва нисбати онњо низ чораандешї карда шудааст. Тибќи талаботи моддањои 7 ва 26 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон додан ва вобастакунии ќитъањои замин барои эњтиёљоти ѓайрикишоварзї аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо амалї карда мешаванд. Ќарорњои раисони шањру ноњияњо њуљљати калидии њуќуќи истифодаи замин буда, истифодаи дурусти замин аз асоснок ва ќонунї ќабул гардидани онњо вобастагї дорад. Мутаассифона, баъзе раисони шањру ноњияњо талаботи ќонунгузорї оид ба заминро риоя накарда, њангоми додан, вобаста кардан, аз як гурўњ ба гурўњи дигар гузаронидани замин ќарорњои беасос ва ѓайриќонунї ќабул менамоянд. Дар давоми соли 2018 ва семоњаи аввали соли 2019 аз тарафи дастгоњи прокуратураи вилоят ва прокуророни шањру ноњияњо, бо натиљаи омўзиши санадњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо ба 285 (2018-189, 2019-960 ќарорњои ѓайриќонунї ќабулнамудаи раисони шањру ноњияњо эътироз оварда, бо натиљаи баррасї онњо бекор ва ё ба талаботи ќонун мутобиќ гардонида шудаанд. Аз љумла, ба ќарорњои раисони ноњияњои Шањритуз 25- то, Вахш 24, Кўшониён 23, Љайњун 23, Њамадонї 17, Восеъ 17, Дўстї 14 ва ѓайрањо эътироз оварда ќарорњо бекор ва таѓйир дода шудаанд. Яке аз сабабњои бекоршавии ќарорњои раисони шањру ноњияњо дар он аст, ки шахсоне, ки барои омода кардани ќарор масъул мебошанд, аз љумла муовинони соњавии раисони шањру ноњияњо, роњбарони дастгоњ, њуќуќшиносон, меъморон ва раисони Кумитаи идораи замин ба иљрои вазифањои худ бемасъулиятї зоњир намуда, ба раисони шањру ноњияњо хулосањои нодуруст пешнињод менамоянд ё худ лоињаи ќарорњоро мавриди омўзиш ќарор надода, ба он имзо мегузоранд, ки ин амал боиси дар аксар мавридњо ќабули ќарорњои ѓайриќонунї мегарданд. Пас аз ќабули Кодекси замини Љумњурии Тољикистон аз моњи декабри соли 1996 роњбарони корхонаю ташкилотњо њуќуќи људо намудани ќитъаи заминро надоранд. Вале санљишњо њолатњои то њоло аз тарафи роњбарияти корхонаю ташкилотњо људо намудани ќитъањои заминро ошкор карданд. Ба ѓайр аз ин дар бисёр њолатњо роњбарони хољагию ташкилотњои кишоварзї бо роњи сохтакорї ба шањрвандон ќарорњоро омода карда, дар онњо дарљ кардаанд, ки гўё солњои пеш ба ин шањрванд ќитъаи замин људо карда шуда бошад. Масалан, раиси хољагии дењќонии “Гулистон”-и ноњияи Кўшониён Ќ. Валиев майдони 8 га заминњои корами обии хољагиро ба маблаѓи 32300 доллар ба шањрвандон ѓайриќонунї таќсим намуда, дар соли 2017 фурўхтааст. Дар њудуди баъзе шањру ноњияњо як гурўњ шахсони масъул ва шањрвандон махсус хариду фурўши ѓайриќонунии заминро ба кирдори муќаррарї ва доимии худ табдил додаанд. Ин њолатњо дар ноњияи А. Љомї
(дар мисоли собиќ раиси Кумитаи идораи замин Б. Ѓуломов), дар ноњияи Вахш (шањрванд Исматулло Каримов), дар ноњияи Шањритуз (роњбари хољагии дењќонии “Хуршед” Х. Нормуродов ва шањрванд Ќ. Давлатов), дар ноњияи Фархор (раиси љамоати дењоти “Даркад” Алишер Неъматов) ва дигарон ошкор карда шудааст. Чунончї, шањрванд Ќ. Давлатов аз шањрванд М. Алимќулов, сокини ноњияи Шањритуз 45 њазор сомониашро гирифта, ваъда медињад, ки 4,94 га ќитъаи замини хољагиашро њамчун замини хољагии дењќонї ба ў њуљљатгузорї карда медињад. Аммо на њуљљат тартиб медињад ва на маблаѓи гирифтаашро бозпас мегардонад. Нисбати шахсони зикршуда парвандаи љиноятї оѓоз карда шудааст. Мувофики муќаррароти моддаи 246 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон эътирофи њуќуќи моликї ба сохтмонњои худсарона ба ваколати судњо дохил мешавад. Вале то њол раисони шањру ноњияњо ва љамоатњои шањраку дењот ин талаботи ќонунро сарфи назар намуда, ба ќарорњои худ сохтмонњои худсарона бунёднамудаи шањрвандонро њамчун моликияти онњо бо роњи вобастакунї эътироф менамоянд. Бинобар ин, бо ќарорњои раиси шањру ноњияњо эътирофи соњибмулкї ба сохтмонњои худсаронаро мо бояд хотима бахшем ва пеши роњи ин “таљриба” бояд гирифта шавад. Тавре ба њамагон маълум аст, тибќи талаботи Кодекси замини Љумњурии Тољикистон људо кардани ќитъањои замин барои сохтмони манзили истиќоматї ва ташкили хољагињои дењќонї танњо ваколати раисони шањру ноњияњо мебошад. Раисони љамоатњо ва раисони хољагињо ваколати људо кардани ќитъањои заминро надоранд. Њуќуќи истифодаи замин бошад, бо шањодатномаи дар бораи баќайдгирии давлатии њуќуќи истифодаи замин ва ќаблан бо Сертификати њуќуќи истифодабарии замин тасдиќ карда мешуд. Баъди ќабули ќарори раисони шањру ноњияњо дар бораи људо ва вобаста кардани ќитъаи замин барои њар гуна сохтмон ва ташкили хољагињои дењќонї шањодатномаи њуќуќи истифодаи замин аз тарафи КДФ “Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул” дода мешавад. Дар њолати пас аз гирифтани шањодатнома дар сурати дар давоми се сол ба сохтмон шурўъ накардан ва баъд аз ду сол ба истењсоли мањсулотњои кишоварзї машѓул нашудан, бо пешнињоди кумитаи идораи замин ва аризањои даъвогии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо бо ќароњои суд њуќуќи истифодаи ќитъаи замин ќатъ мегардад. Аммо ин меъёри ќонун дар таљриба кам истифода шуда истодааст. Санљишњои гузаронида нишон доданд, ки дар њудуди шањру ноњияњои Левакант, Кўшониён, Вахш ва Фархор талаву торољи заминњои њосилхез аз байн нарафта, роњбарону сањмдорони хољагињои дењќонї ва дигар заминистифодабарандањо аз беэътиної ва бемасъулиятии маќомотњои назоратї истифода бурда, заминро ѓайриќонунї бо объекти хариду фурўш табдил додаанд. Танњо бо як санљиши наќшавї соли љорї аз љониби Бахши назорати иљрои ќонунгузории замини прокуратураи вилоят дар шањри Левакант 7 парвандаи љиноятї оѓоз карда шудааст. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи њифз ва самараноку оќилона истифода намудани заминњои корами обї” аз 25 июли соли 2000, тањти № 335 аз њисоби заминњои корами обї људо намудани ќитъањои наздињавлигї, сохтмони манзил ва иншоотњои ѓайриистењсолї манъ карда шудааст. Аз ин рў, масъулини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо, љамоатњои шањрак ва дењот ва сохторњои дахлдори мањаллиро зарур аст, ки љињати пешгирї кардан ва минбаъд роњ надодан ба таќсим ва хариду фурўши ѓайриќонунии замин, њифз ва таъмини истифодаи самара-
Чуѓз парандаест, ки табиаташ вайронаро дўст дошта, њар љое, ки садояш баланд шавад, он љо ё вайрона мешавад, ё аллакай вайрона аст. Њамин аст, ки образи ин паранда бо вайронию танњої тавъам буда, њамчун образи манфї дар њаёт муаррифї мешавад. Ёдоварї дар ин матлаб аз чуѓз бесабаб нест, зеро мушоњидаи равандњои рўзњои охир вобаста ба фаъолияти хоинони ѓарибгаштаи ватанфурўш аз мулкњои ѓарибї ба мисли њамин нолаи чуѓз аст, ки њаргиз аз ободї шод нестанд ва њар гање ки нишонае аз нољурї пайдо шавад, бо садои нафратовари худ аз њастиашон дарак медињанд. «Намоишњои эътирозї»-е, ки ин нохалафон имрўзњо ба гуфтаи худ дар кишварњои Аврупо ташкил карда истодаанд, намунаи пасттарини рафтори шахсиятест, ки худ ва тамоми касифии худро нишон дода истодааст. Ба кўча баромадани якчанд нафар «шаурмахўроне», ки аллакай Аврупо њам онњоро шинохтааст, амали чуѓзи танњоеро мемонад, ки њамагон аз ў безоранд. Бо талаби адолат ба кўча мебароянд, вале худ намедонанд, ки кадом адолатро мехоњанд. Ошўби мањбасро дастак кардаанду фаромўш мекунанд, ки љиноят худ нишонаи поймол кардани адолат аст ва љинояткор барои ноадолатии содиркардааш дар зиндон аст. Агар фаъолияти ДОИШ ва љонибдорони он, ки амалњои љинояткоронаи худро њатто ба таври дањшатангез дар мањбас идома доданд, боадолатона бошанд, пас ин нохалафон худ низ аз љонибдорони ДОИШ њастанд, ки вањшонияти онњо љањонро ба ларза даровардааст. Борњо дар бораи ягонагии ѓоявии ЊНИ бо ДОИШ навишта буданд, имрўз бори дигар боварї њосил кардам, ки воќеан њам ин њарду аз як сарчашма об мехўранд, фаќат фарќият дар он аст, ки яке домани хунолуди худро ба љањон пањн кард, дигареро сари ваќт саркўб карданд. Ин нохалафон агар имрўз симои худро авпурої карда бошанд њам, ботинашон ташнаи хун аст ва ваќти муносиб мељўянд. Инњо моранд, аждањоранд, ки барои туъмаи худ аз њар зовияе ва ба њар ранге пайдо мешаванд… Вагарна, наход, ки сарбурии рўйиростро
3
ХАТЛОН
Панљшанбе, 4 июли соли 2019, №27 (3212)
ноку оќилонаи заминњои кишоварзї тадбирњои таъхирнопазир андешида, талаботи фармони роњбари кишварро таъмин намоянд. Бо маќсади њифз, самароноку оќилона истифода бурдани заминњои кишоварзї ва пешгирї намудани њолатњои муомилоти ѓайриќонунии ќитъањои замин 25 марти соли 2011 ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон таѓйиру иловањо ворид карда, барои ѓайриќонунї додани ќитъаи замин, сохтмони худсарона дар ќитъаи замини худсарона ишѓолшуда љавобгарии љиноятї муќаррар карда шудааст. Мо-маќомотњои дахлдор бояд фаъолияти худро, пеш аз њама, ва асосан ба пешгирию ошкор кардани ќонунвайронкунињо дар марњилаи аввали оѓози сохтмон (рехтани санг, ќум, шаѓал, шинондани нињол ва ѓайра) равона карда, љињати сариваќт ба њолати аввала баргардонидани заминњои худсарона ишѓолгардида чораандешї намоем ва кирдорро то љиноят набарем. Дар як ваќт прокуророни шањру ноњияњо вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти худро ба пешгирї, воќеан бартарафсозї ва комилан аз байн бурдани ќонунвайронкунињо равона созанд. Дар ин раванд њисоботи њар як муњандис-заминсозони љамоатњои шањрак ва дењот, нозирони минтаќавї, мутахассисони маќомоти идораи замин ва меъморию шањрсозиро оид ба ишѓоли худсаронаи замин, сохтмонњои худсарона ва дигар ќонунвайронкунињо дар самти истифодаи замин њар моњ шунида, аз натиљаи чорањои андешида њар 15 рўза ба прокурори вилоят ахбороти муфассал пешнињод намоянд. Њанўз, бо супоришњои ќаблї аз раисони љамоатњои шањрак ва дењот, нозирони минтаќавї, раисони Кумитаи идораи замин ва меъморон талаб карда шуда буд, ки њар як њолати оѓози сохтмони манзили истиќоматї ва дигар иншоотро мавриди санљиш ќарор дода, аз натиљааш мунтазам ба прокуратура ахбороти хаттї пешнињод намоянд. Мутаассифона, ин талабот аз љониби раисони љамоатњои шањрак ва дењот, Кумитаи идораи замин, меъморон ва нозирони минтаќавї ба таври дахлдор ба иљро расонида намешаванд. Нафарони номбаршуда вазифадор њастанд, ки минбаъд аз натиљаи санљишњо ва муоинаашон њангоми ошкор намудани вайронкунии талаботи ќонун мунтазам ба прокурори шањру ноњияњои дахлдор ахбороти хаттї пешнињод намоянд. Бинобар ин, талаб карда мешавад, ки дар сурати ошкор гардидани ќонунвайронкунии замин дар њудуди муайян масъалаи ба љавобгарї кашидани шахсони номбаршуда гузошта шаванд. Яке аз масъалањои муњим ин аз гардиши кишоварзї берун мондани заминњои корам дар шањру ноњияњои вилоят мебошад. Аз рўи маълумотњои оморї дар соли 2018 дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон майдони 4653,0 га заминњои корам аз гардиши кишоварзї берун мондаанд, ки аз он 3863 гектарашро заминњои корами обї ва 790 гектарашро заминњои корами лалмї ташкил медињад. Ин нишондод аз њама зиёд ба ноњияњои Ќубодиён 779 га Љ. Балхї 656 га, А. Љомї 585 га, Љайњун 542 га, Дўстї 495 га, Н. Хусрав 464 га ва Фархор- 253 гектар рост меояд. Дар натиљаи ѓайриќаноатбахш ташкил намудани корњои хољагидорї дар ноњияњои Вахш 10 га, Ќубодиён 25 га, Љ. Балхї 10 га ва Фархор 9 га заминњои корами обї аз истифодабарї берун мондаанд. Ташвишовар он аст, ки бо сабаби шўршавї ва ботлоќшавї 621 гектар, аз кор баромадани насосњо 1181 гектар, набудани об 1206 гектар ва нагузаронидани корњои мелиоративї 42 гектар ва селоб зер кардан 759 гектар аз гардиши кишоварзї берун мондаанд. Дар ин замина, дар асоси банди 1-и супориши протоколии маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2019, Прокуратураи генералї дар якљоягї бо дигар маќомоти дахлдори давлатї вазифадор карда шудаанд, ки љињати ба
љонибдорї кунию барои он боз талаби адолат намої?! Ман намефањмам, таќдири ошубгарон барои онњо муњим аст ва ё ќурбониёне, ки як ваќт бо ин касифон њамсафу њаммаром буданд. Ба фикрам на Махсуми Саттору на Эшони Ќиёмиддин барои онњо дигар арзише надоштанд, зеро бо картаи онњо дигар бозї кардан нахостанд. Агар арзише медоштанд, пас онњо бояд ба муќобили ДОИШ-у доишиён садо баланд мекарданд, на Њукумат. Ин амалњо бори дигар собит намуда истодаанд, ки ин чуѓзон адолатро не, супориши хољагони ху-
гардиши кишоварзї ворид кардани миќдори њарчи бештари заминњои бекорхобида тадбирњо андешида, ба њолатњои аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминњои корам ва барои бунёди манзилњои истиќоматї додани заминњои саноатї хотима бахшидан, бањисобгирї ва таќсимоти заминњоро аз рўи гурўњ ва намудњо дуруст ба роњ мондан, бо маќсади бењтар ба роњ мондани њисобот ва наќшабандии заминњои корами обї њолати воќеии обёрии заминњоро мавриди санљиш ќарор дињанд. Њамчунин, муњим аст, ки бањри пешгирї намудани ќонунвайронкунињо дар маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, бахусус дар байни кормандони соња бо роњи гузаронидани ченакњои санљишї заминњои азхудкардашудаи навро тањти назорати ќатъї ќарор дода, љињати истифодаи маќсадноку самарабахши заминњои корами обї, инчунин ба дигар масъалањои бењтаршавии њолати мелиоративии заминњо тадбирњои мушаххас андешанд. Бинобар ин, бањри таъмини босифату сариваќтии супориши мазкур прокуророни шањру ноњияњо вазифадоранд, ки масъалањои мазкурро мунтазам зери назорати ќатъї ќарор дода, бањри пешгирию ошкор намудани ќонунвайронкунињо дар ин самт чорањои ќонунї адешанд. Тањлили мурољиатњои шахсони воќеиву њуќуќї оид ба масъалањои замин нишон медињад, ки аз љониби масъулини маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатии шањру ноњияњо, кумитањои идораи замин, љамоатњои шањрак ва дењот баррасии пурраю њаматарафа ва холисона бо онњо таъмин карда нашуда, боиси ба маќомотњои болої такрор ба такрор мурољиат намудани онњо гаштааст. Танњо дар соли 2018 аз љониби прокуратураи вилоят ва шањру ноњияњои он 3285 мурољиат баррасї гардидаанд, ки аз ин миќдор 1206 ё 36, 7 % мурољиатњо вобаста ба замин мебошад. Омўзиши мурољиатњо ошкор сохтанд, ки сабабњои шикояти шахсони воќеию њуќуќї асосан таќсими ноодилонаи заминњои наздињавлигї, сањми аъзоёни хољагињои кишоварзї, ѓайриќонунї људо намудани ќитъањои замин барои бунёди манзили истиќоматї, сариваќт баррасї накардани мурољиатњо ва ѓайра мебошанд. Чунин мисолњо асосан ба шањру ноњияњои Кўлоб, Восеъ,Фархор, Кўшониён , Вахш, А. Љомї ва дигарон дахл доранд. Аз ин рў, диќќати масъулинро ба ин масъала љалб намуда, баррасии пурраю њаматарафа ва холисонаи њар ваљњи мурољиатњоро таъмин ва бањри дар сатњи маќомоти мањаллї њаллу фасл гардидани онњо чораандешї намуда, истифодаи самараноку маќсаднок ва оќилонаи заминњои њудуди вилоятро таъмин намоянд. Дар ин асос бањри баланд бардоштани донишњои њуќуќии ањолї вобаста ба самаранок ва оќилона истифода бурдани замин бояд чорањои лозима андешида шуда, дониши њуќуќии шањрвандон вобаста ба донистани моњияти Кодекси замини Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои њуќуќии доири замин ќабулгашта бояд боло бурда шавад. Тањлилњо нишон медињанд, ки аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят дар давраи мазкур зиёда аз 110 вохўрию суњбатњо вобаста ба шарњу эзоњи ќонунгузорињои замин дар байни ањолї анљом дода шуда, њамчунин тариќи ВАО зиёда аз 30 хабару маќолањо чоп гаштааст. Айни замон бо ташаббуси бахши иљрои ќонунгузории замин ва гурўњи таъминоти њуќуќї, мониторинги ќонунгузорї ва кор бо матбуоти прокуратураи вилоят ва Раёсати телевизион ва радиои вилоят дар ТВ Хатлон барномаи нави мизи муддавар вобаста ба фањмонидани ќонунгузорињо оид ба замин ташкил карда шудааст. Чунин барномањо бешаку шубња имконият медињанд, ки донишњои њуќуќии шањрвандон баланд бардошта шуда, пеши роњи ќонуншиканињо дар ин самт гирифта шавад. Мањмудзода Насрулло Рањматљон, прокурори вилояти Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараљаи сеюм
будед, тарбузатон аз домон афтид. Аврупо низ рўсиёњии шуморо дарк кард. Албатта, кї мехоњад, ки дар зери остини худ морбача тарбия намояд. Њељ кас! Њамчун як нафар тољик аз шумо шармам меояд, ки дар симои манфури шумо як аврупоии одї тољикро шинохта истодааст. Афсўс, ки симои хоинона ва рафтори љоњилонаи шумо миллатро сарпасту беобрў мекунад. Тољик доимо далер буд, на шикамќарор, ки подоши амалаш як шаурма бошад! Тољик чашмсер буд, на муздуру гадо, ки барои 1 дирњам зану модари худро бифурўшад. Акнун дар рўйдоди охироне, ки дар муносибатњои Тољикистону Эрон ба вуќўъ пайвастанд, радди маърака шуда истодаед, њама як ба як аз шумо рўй гардонида истодаанд. Вой бар њоли чуѓзонаи шумо. Акнун њамаи тахмину шубњањои ман вобаста ба «намоишњо»-и шумо дар хориља собит шуда истодаанд. Он рўз дур нест, ки мисли шайтони лаъин аз ин љо низ ронда хоњед шуд. Ин аст, ки њар лањза ва њар соатро истифода бурда истодаед ва лозим будани худро ба хољагонатон собит карданї њастед. Дониста бошед, њаќиќате, ки шумо талабгораш њастед, бўйи хиёнат мекунад ва хоинро раќиби оќил њаргиз дар тими худ намепазирад. Зеро оне, ки муќаддасоти худ – Ватанашро фурўхтааст, ба њељ каси дигар садоќат дошта наметавонад. Аврупо бошад, инро ќадр мекунад. Зеро, барои аврупої фаќат аврупої будан, ин шараф аст. Хиёнаткор њаргиз барои Аврупо лозим нест. Новобаста ба пешрафти худ, Аврупо њанўз бо консерватизми худ машњур асту арзишњои калидиро њаргиз аз даст додан намехоњад. Имрўз тољикистониёни азиз љашни Вањдати миллиро дар диёри бињиштосои худ ќайд мекунанд. Дар боѓе, ки таронаву овози форам аст, дар гулистоне, ки миёни гулњои наврўстааш ягон хор нест… Зеро он хору он овози чуѓзи гўшхарош аз мулк дуранд, дар Аврупо љор мезананд. Бас аст дигар беномусї! Ба худ оед! Фаромўш накунед: нолаи чуѓз ба гўши касе форам нест…
НОЛАИ ЧУЃЗ
ё худ пикетбозии навбатии хоинон дар Аврупо дро бар ивази шаурмаи навбатї иљро карда истодаанд. Шумо мехостед, ки Њукумат ќарор шинаду тамошобин шавад, ки ин лаънаткардањо њамаро сар буранд? Шумо дар бораи кадом музокирот гап мезанед, ваќте ки нафарони ба музокирот даъваткунандаро дар пеши чашми њама сар буриданд. Шумо аз онњо дифоъ мекунед, зеро онњо њаммаслакони шумо хастанд. Шумо яке аз онњоед, ки зиндон бароятон гиря мекунад! Њайфи шумо, ки ќиматтарин чиз - номусатонро фурўхтаеду, ба аљуза худро мубаддал гардонидаед. Ин аст, ки амалатон хандаовар ва нафратовар буда, њама аз шумо дурї љуста истодаанд. Девонаеро мемонед, ки аз шиддати дард худро рўйу мўй меканад ва баъди паст шудани шиддат аз амали кардаи худ ранљ мекашад. Аврупоро сарпаноњ мегуфтед, дар изњороти охирини худ Эронро ба тарсуї муттањам мекардед. Бо тафохур иброз кардед, ки Аврупо шуморо пазируфтаасту Эрон не. Акнун боварї дорам, ки баъд аз сафари раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск, ки ба ќавли чуѓзонаи худ барояш «шпаргалка» тайёр карда
Санљар Њомидов, коршинос
Кўлоб: ИФТИТОЊИ ИНШООТЊО БА ИСТИЌБОЛИ ЉАШНИ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ Ба истиќболи љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, тибќи наќшаи корњои созандагиву ободонии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб дар дењаи Гулистони Љамоати дењоти “Зарбдор”, бо љалби соњибкорони мањаллї сохтмони иншооти таъйиноти иљтимої идома доранд. Дар дењаи Гулистон аз тарафи соњибкори мањаллї Неъматулло Шомадов бунгоњи дорои чор њуљраи хизматрасонии тиббї, дорухона ва сартарошхона мавриди истифода ќарор дода шуд. Дар ифтитоњи он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, и.в.раиси шањри Кўлоб Иноятзода Бањром ва дигар масъулони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр иштирок карданд. Ќобили зикр аст, бунгоњи
тиббї то ин замон дар хонаи истиќоматї фаъолият мекард. Айни њол дења 1358 нафар ањолї дорад. То маркази љамоат 3 км роњ аст. Бунгоњи тиббї аз тарафи оилаи Шомадовњо бо харљи 320 њазор сомонї сохта шудааст. Дар он 4 нафар њамширањои шафќат фаъолият мекунанд. Њамчунин беморхонаи ноњиявии “Хатлон -1” (дорои ташхисгоњ) мавриди истифода ќарор дода шуд. Беморхона дорои 12 њуљраи бо тарњи замонавї сохташуда бунёд карда шудааст. Сохтмони ин иншоот аз тарафи Дирексияи сохтмонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон маблаѓгузорї карда шудааст. Дар ин рўз дар дењаи Саричашмаи Љамоати дењоти “Кўлоб” аз тарафи соњибкори мањаллї Нозимов Ѓайратшо нуќтаи шустушўйи мошинњо ва толори саќќобозї бо харљи 500
њазор сомонї мавриди истифода ќарор дода шуд. Дар назди майдони Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї бошад, Нишон ва Парчами давлатї барафрохта шуд. Њозиринро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ба муносибати 22- солагии Вањдати миллї табрику тањният гуфт. Аз љумла ќайд намуд, ки имрўз бо иќдоми наљиби роњбарияти донишгоњ бунёди Нишон ва Парчами давлатї дар тањкими худшиносию эњсоси ватандўстии насли љавону наврас ва њар як донишљўе, ки дар ин даргоњи муќаддас тањсил мекунад, таъсири мусбат мерасонад. Чорабинињои имрўза аз тарафи шањрвандони шањри Кўлоб хуш истиќбол карда шуд. Б. Сафаров
КОНФРОНС БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ШОИР САИДЉОН ЊАКИМЗОДА
САИДЉОН ЊАКИМЗОДА - ШОИРИ ВАТАНПАРВАР Бо ташаббуси Раёсати Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї рўзи 15 июни соли љорї конфронси љумњуриявии илмї - амалї дар мавзўи «Саидљон Њакимзода ва масъалањои адабиёти муосири тољик» бахшида ба 80 - солагии шоир Саидљон Њакимзода баргузор гардид. Ќайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз оѓози конфронс як гурўњ адибони тољик Њаќназар Ѓоиб, Камол Насрулло, Муњаммад Ѓоиб, Парда Њабиб, Алиакбар Абдулло, Абдуќодир Рањим, нависанда Абдулњамид Самад, адабиётшинос Абдурањмон Абдуманонов бо сарварии Раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон Низом Ќосим ба аёдати хонаводаи шоир рафта, бо зављаи марњум ва ањли оилаи онњо дидорбинї намуданд. Сипас, ба муасссисаи тањсилоти миёнаи умумии № 53, ки номи устод Саидљон Њакимзодаро дорад, ташриф оварданд. Дар даромадгоњи мактаб мењмононро бо як гулчини шеъру суруд, ки аз офаридањои Саидљон Њакимзода иборат буд, хонандагони мактаби мазкур ботантана пешвоз гирифтанд. Баъдан, гурўњи мењмонон ба Донишгоњи давлати Кўлоб, ки ма-
кони баргузории конфронс ќарор дода шуда буд, ташриф оварданд. Конфронсро Ректори донишгоњ – Абдулло Њабибулло, доктори илмњои физика – математика, узви вобастаи АИ ЉТ ифтитоњ намуда оид ба њаёти ибратбахши шоири ширинбаён ва зарофатгўю хоксор шодравон Саидљон Њакимзода ёдовар гардид. Ќайд кардан бамаврид аст, ки конфронс баъди љаласаи ифтитоњї кори худро дар 2 бахш идома дод, ки дар он олимону
пажўњишгарон аз Донишгоњи Миллии Тољикистон, Иттифоќи нависандагони Тољикистон, коллељи омўзгорї ва њаводорони шеъри шоир Саидљон Њакимзода ширкат карда, маърўзањои илмии худро пешкаши њозирин гардониданд. Дар конфронс зављаи шодравон Саидљон Њакимзода ва фарзандону пайвандони шоир иштирок доштанд. Бахтиёр Сафаров
АЗМИ БУНЁДИ 360 ИНШООТ ТО СОЛИ 2021 Дар ноњияи Шањритуз бо маќсади омодагї ба таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон корњои созандагию бунёдкорї вусъати тоза пайдо менамояд. Аз 360 адад иншооти таъиноти гуногун, ки сохтану ба истифода доданашон то таљлили љашни мазкур ба наќша гирифта шудааст, дар айни замон ќисмати муайяне мавриди истифода ќарор дода шуда, дар иншоотњои боќимонда корњо бомаром идома доранд. Яке аз чунин иншоот бинои шуъбаи маорифи ноњия мебошад, ки масоњаташ 300 метри мураббаъ-
ро ташкил намуда, бунёди онро ширкати сохтмонии «Абурањмон-2013» ба уњда гирифтааст. Дар ќитъаи мазкур сохтмончиён пас аз бунёди тањкурсии иншооти љашнї, ки баландиаш 2 метру 20 см-ро дар бар мегирад, ошёнаи якуми бинои маорифро бо сифати баланд сохта, алњол ба сохтмони ошёнаи дуюми иншооти љашнї машѓуланд. Онњо љидду љањди хешро ба он равона кардаанд, ки то 1 сентябри соли љорї бинои сеошёнаи шуъбаи маорифи ноњияи Шањритузро мутобиќи талаботи муосири сохтмонї сохта, мавриди истифода ќарор дињанд.
ДАР НОЊИЯИ ЊАМАДОНЇ ШУЊРАТИ ПЕШИНИ САНОАТРО БАРЌАРОР КАРДАНИАНД Дар ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї дар самти ба кишвари индустриалї-аграрї табдил додани љумњурї ва њадафи чоруми стратегї эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат корњои муайяне ба иљро расидаанд. Њиссаи мањсулоти саноатї сол аз сол афзоиш ёфта, алњол 53,8%-ро ташкил медињад. -Дар гузаштаи наздик ноњияи Њамадонї яке аз ноњияњои муваффаќи саноатї мањсуб мешуд, - иброз дошт раиси ноњия Б. Одиназода дар мулоќот бо намояндагони доираи соњибкорони мањаллї. - Ба даст овардани шуњрати пештараи ноњия ва ноил шудан ба дастовардњои бештар дар шароити истиќлолияти комили кишвари азизамон вазифаи њар яки мо мебошад. Дар соли 2018 корхонањои
саноатии ноњияи Њамадонї ба маблаѓи 82,3 миллион сомонї мањсулот истењсол намуданд, ки ин нишондињанда нисбат ба соли 1991 (3,2 миллион сомонї) 25 баробар ва нисбат ба соли 2015 (60,5 миллион сомонї) бошад, 136% зиёд гардидааст. Аз рўйи нишондињандаи дурнамо соли 2019 њаљми мањсулоти саноатї 69,3 миллион сомонї пешбинї шуда буд, ки айни њол ин нишондињанда ба 82,3 миллион сомонї расонида шудааст. Суръати афзоиш 118,7%ро ташкил медињад. Дар ноњия 63 корхонаи мухталифи саноатї, ки самти асосии истењсоли онњо коркарди ашёи хоми мањаллист, фаъолият менамояд. Дар ин корхонањо 367 сокини мањаллї бо љойи кори доимї таъмин мебошанд. Дар корхонањои саноатии ноњия асосан коркар-
ди пахта, истењсоли намаки ошї, масолењи сохтмонї (сангу шаѓал) ва мањсулоти хўрокворї (ќаннодї, нон ва мањсулоти нонї) ба роњ монда шудааст. Филиали №60 БДА «Амонатбонк» дар ноњияи Њамадонї љињати дастгирии њамаи соњањои хољагии халќи мамлакат, аз љумла саноат, хизматрасонињои гуногуни бонкиро пешнињод намудааст. Дар панљ моњи соли 2019 ба соњаи пахтакорї 128500 сомонї (ба 35 нафар), чорводорї 53000 сомонї ба (16 нафар), занбуриасалпарварї 40000 сомонї (ба 4 нафар), боѓдорї 38700 сомонї (ба 7 нафар), 259800 сомонї ќарзњои судманд (ба 68 нафар), њунарњои мардумї 32200 сомонї (ба 7 нафар) ќарзњо дода шудаанд. Соли 2019 дар маљмўъ ба 144 нафар 579600 сомонї ќарзи бонкї дода шудааст.
ДЎСТЇ. ДАСТОВАРДИ КИРМАКПАРВАРОН НАМОЁН АСТ Кирмакпарварони ноњияи Дўстї сарбаландона дурнамои истењсоли пилларо, ки 26700 килограмм муќаррар шуда буд, иљро намуданд. Бо таъкид ба яке аз соњањои муњим арзёбї шудани соњаи кирмакпарварї дар кишвар, сардори ЉСФ «Пиллаи Љиликўл»-и ноњияи Дўстї Мањмадлатиф Эшонќулов гуфт, ки имсол тибќи шартнома аз ЉДММ «Тољ-Силк» 540 ќуттї тухмї дастрас ва ба 1340 нафар кирмакпарварон таќсим карда шуд. Мутахассисон аз њолату парвариши кирмак ва танидани пилла њамеша хабар гирифта, ба талаф ёфтани он роњ надоданд. Њамин гуна муносибати љиддї дар нигоњубини дарахтони тут ва њар кирмакпарварро бо барги он таъмин
кардан низ ба роњ монда шуд. Њамаи ин ба таъмини дастовард мусоидат кард. Бо назардошти тухмї нархи њар як кило пилла 10-11 сомониро ташкил дода, ба супорандагони пилла сариваќт пардохт гардидааст. Манбаъ афзуд, ки дар иљроиши наќша пеш аз њама кирмакпарварони хољагињои калони ноњия, ба мисли Эргаш Султонов (Љамоати дењоти «Љиликўл»), Эшбек Сатторов, Уралбобо-2014 (Љамоати дењоти «Нури Вахш», Љамоати дењоти «Дењќонобод») сањми бориз гузоштанд. М. НОСИРЉОН, «Хатлон»
САРРАЁСАТИ МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШЃОЛИ МАНСАБЊОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТЇ
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Сарраёсати молияи вилояти Хатлон: 1.Сардори шуъбаи кадрњо ва сиёсати њуќуќ. 2.Сардори шуъбаи бањисобгирии алоќа бо бонкњои Раёсати хазинадорї. 3.Сармутахассиси шуъбаи кадрњо ва сиёсати њуќуќ. 4.Мутахассиси шуъбаи бањисобгирии алоќа бо
бонкњои Раёсати хазинадорї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: - шањри Бохтар, кўчаи А. Сино-3, бинои Сарраёсати молияи вилояти Хатлон. Телефон барои тамос: 8(3222)2-20-56, 2-23-46. Муњлати ќабули њуљљатњо: баъди нашри эълон 21 рўз муњлат дорад.
4
ХАТЛОН
Панљшанбе, 4 июли соли 2019, №27 (3212)
Дар бораи устод
Умре дар хизмати Халќ Он нафаре, ки дар борааш ќисса мекунем, воќеан дилошнои зиндагист. Бо рафтору кирдор, бо пиндори беолоиш, бо табъи болида ва гуфтори зарофатомезаш намунаи инсони зиндадил аст. Њељ гоње надидаам, дигарон њам надидаанд, ки ў хастадилу абрўгирифта ва аз «даву ѓељ»-и рўзгор безору бемадор шуда бошад. Њамеша дар лабонаш табассум гул мекунад, табассуме, ки дар худ зиндагиро, мењрро, муњаббатро таљассум менамояд. «Одамгарї кардан», «аз ноодамї парњез намудан», аз шодиву нишот ва хушбахтии дигарон шод шудан, дар пањлуи ѓамшарики мусибатзадагон будан, ба роњи росту дуруст рањнамої кардани љавонон, бо маслињати хирадмандонае осон кардани мушкилоти њар нафари дар кораш чигилафтода, аз роњи каљ баргардонидани рањгумзадагон, дар хизмати халќ ва љомеа камар бастан, дар њаёти худ ва дигарон љорї намудани панду андарзи њакимону рањёфтагон барин хислатњои њамида барои ин дилошнои зиндагї маънии зиндагианд. Шояд хонандаи гиромї суол кунад: “Кист он рафиќи шафиќ ва он дўсти мењрубону мушфиќ?” Ў Эмомалї Алимардонов аст, ки даврони љавонию камолоти умрашро бедареѓ ба хидмати халќу диёр бахшидааст ва имрўз њам дар пањлуи љавонмардони бо ору номус, солору босалобат худафрўзї мекунад, то рисолати худро, масъулияти худро дар назди љомеа бекаму кост, сарбаландона адо намояд. Солномаи рўзгори ўро вараќгардон мекунему мебинем, ки пас аз хатми Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї њамчун омўзгори фанни математика дар тўли понздањ сол чандин наслњоро аз дењањои Чароѓчї, Њасанї, Оњуљар ва Навободи ноњияи Ёвон тарбия кардаву ба камол расонидааст. Дар
давоми солњои омўзгориаш вазифањои пурмасъулияти роњбарї, аз љумла панљ сол муовинии директори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќамњои 9 ва 44 ва њашт сол директори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 44-ро ба уњда дошт. Соли 1986 ба њайси вакил дар Анљумани VII омўзгорони Љумњурии Тољикистон ширкат варзидааст ва хизматњояш дар љодаи таълиму тарбия бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тољикистон» ќадрдонї шудаанд. Шогирдони бешумораш, ки бархе аз онњо имрўз роњбари ин ё он муассиса њастанду бархе дигар бо њунару истеъдоди худ гули сари сабади љомеа мебошанд, боиси ифтихори устоданд. Насаби «Алимардонов»-ро ў тавассути чашмикордонї, ташаббускорї, дурандешї, аќлу заковат ва иродаву матонати камназираш дар водии Ёвон маълуму машњур гардонидааст. Тайи њафт соле, ки дар Љамоати дењоти ба номи Њасан Њусейнов муовини раис буд ва боз њафт соли дигаре, ки њамчун раис дар љамоати мазкур фаъолият дошт, бо љалби сармоягузорињои дохиливу хориљї, ки гувоњи кордонияш мебошанд, ањолии дењањои Тутак, Дастгираки Боло, Дўстї, Навобод, Чашмасор-1, Чашмасор-2, Ширинчашма, Мењристон, Чормаѓзак ва Гулибодомро бо оби ошомидании чашмањои кўњсорони атроф таъмин кардааст. Ба туфайли ана њамин бунёдкорињояш, њар як сокини дењоти ба номи Њ. Њусейнов ўро самимона њурмату эњтиром мекунанду аз шунидан ё ба забон овардани насаби «Алимардонов» эњсоси тафохур менамоянд. Њар инсонеро дар њаёт рисолате ба дўш аст, рисолате, ки барои иљрои он Офаридгор кумакаш мекунад, яъне мењри он кору он рисолати
ОФТОБИ УМЕДИ МАРДУМ НУРАФШОН ШУД Ваќте аз саргузашти талхи мардуми тољик дар солњои љанги шањрвандї ёдовар мешавем, маќсад њаргиз дубора рў занонидани њиссиёти манфии мардум нест, балки сабаќомўзи наслњои имрўзї аз хатоњо ва дарки дањшати он даргирињост, то аз такрори он љанги мудњиши тањмилї љилвагирї шавад. Бо имзои Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї, љойњои харобгашта њама ободу барќарор, зиндагии мардум тинљу осоишта гардиданд. Вале, доѓи љанг њанўз аз дилњо зудуда нашудааст. Ќадри Вањдати миллиро њамоне медонад, ки барои расидан ба он сањми хешро гузошта бошад. Абдулло Нарзуллоев, сокини 84-солаи дењаи Ѓаллаободи ноњияи Хуросон, нафарест, ки бо чашми худ вањшонияти љангро дидааст. Ў имрўз шукрона аз он мекунад, ки шоњиди Вањдати миллї ва замони сулњу осоишта гардидааст. Борњо ў аз љониби гурўњњои мухолифин тањдидњо дида, дар ин миён ду љиянашро аз даст додааст. - Дар он рўзњои нањс мардумро берањмона ќатл мекарданд, ба ёд меорад дањшати љангро Абдулло Нарзуллоев. – Садои тиру туфанг ва гиряи мардум хомўш намешуд. Аз тарси љон манзили хешро тарк гуфта, аз ватан фирор мекарданд. Бобои Абдулло сабаби асосии ин љанги тањмилиро дар якдигарнофањмї ва
мањалгарої маънидод мекунад. Дар ин нобасомонињо њазорон оила бесаробон монданд, волидон бо дили реш дар ёди фарзандони њалокгардидаи худ то ба њол ашк мерезанд. Абдулло Нарзуллоев мегўяд, ки дар он рўзњо одамон ба њама азоб тоќат карда, барои хушбахтии имрўзиён онњо љоннисорї кардаанд. “Сулњу субот, айёми созандагї, рўзњои нек фаро расиданд, њама аз пайи зиндагї ва ободкорианд. Баъди вазъ ба эътидол омадан мањз бо кўшишу талошњои Сарвари мамлакат Эмомалї Рањмон алангаи љанг хомўш гардид, гурезањо як – як, гурўњ – гурўњ ба макони зист баргардонида шуданд”, - меафзояд бобои Абдулло. Аз сарнавишти талхи миллати тољик, дар он айём њама огоњанд. Зеро ин таърих аст. Он барои насли оянда, махсусан мардуми диловару шуљоатманди мо аз ањамият холї нест. Њар ќадар таърихи миллату мењанро хуб бидонем, њамон андоза ба ќадру манзалати Вањдати миллї, сулњу субот ва Истиќлолияти давлатї мерасем. Фирдавс УМАРОВ, Сорбони САЙМУРОД, Набиљони САИДАБРОР, таљрибаомўзони “Хатлон”
Эњтиёт бошед!
ДАР ОБЊОИ ТезЉАРАЁН ОББОЗЇ накунед Бо фаро расидани фасли тобистон ва оѓоз шудани мавсими оббозї каналу дарё, љўю обанбор ва обпартоњои шањру навоњии вилояти Хатлон, ки гармтарин минтаќаи Тољикистон аст, серодам мегарданд. Дар он љойњо бахусус кўдакону наврасон хеле зиёданд. Барои онњо оббозї њам василаи салќиншавї ва њам як усули дилхушї ба њисоб меравад. Дар ин фасли сол махсусан соњили каналу љўйборњои зери назоратгирифта бештар серодам аст. Каналњои «Хонум» ва «Љўйбор», воќеъ дар шањри Бохтар сокинону мењмонон, аз љумла љавонону наврасон ба оббозї машѓул шуда, ба хатарнок будани баъзе мавзеъњо ва оби љараёнашон тез ањамият намедињанд, ки ин дар бисёр њолат бо оќибатњои нохуш меанљомад. Аз ин рў, Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон назоратро дар чунин мавзеъњои шиноварї пурзўр карда, дар дарёњои пуртўѓён, ки оббозї дар онњо иљозат дода намешавад, бо истифода аз ѓаввосон ва наљотбахшони касбї навбатдории шабонарўзиро ба роњ мондааст. - Дар шаш моњи аввали соли равон дар вилоят 9 нафар њангоми оббозї дар каналу зањбурњо ѓарќ шудаанд, љасади њамагї 8 нафарро дарёфт кардем, ки нисбат ба соли гузашта 5 нафар зиёд ѓарќ шудааст, гуфт Муродљон Муидинов, сардори Бахши кор бо љомеаи Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон. - Сабабњои асосии ба њалокат
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
расидани шањрвандон дар риоя накардани ќоидањои бехатарї, беэњтиётї, лаѓжидан дар об, беназоратии падару модарон нисбат ба фарзандон мебошад. Барои пешгирї аз њодисањои ѓарќшавї дар мавзеъњои хавфноки шањри Бохтар лавњаи «Оббозї манъ аст!» насб мекунем, лекин онњоро мешиканад. Дар баробари ин кормандони Раёсат њар рўз бо сокинони минтаќањои гуногуни вилояти Хатлон мулоќоту суњбатњо анљом дода, ба онњо ќоида ва маконњои оббозиро шарњ медињанд ва даъват мекунанд, ки аз оббозї дар љойњои манъшуда худдорї намоянд. Њангоми њолатњои фавќулода ва рўйдодњои нохуш, шумо метавонед ба ќисми навбатдории фаврии Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон бо телефонњои зерин мурољиат намоед: 93 880 28 89; ё 8 3222 2-35-05; Њамчунин волидонро огоњ менамоем, ки фарзандони худро њангоми њузур доштан дар лаби дарёву кўлњо беназорат нагузоранд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
њаётиро дар дилаш љой медињад ва барои амалї сохтани он њунару истеъдодаш мебахшад. Ба андешаи ман, рисолати њаётии Алимардонов мубаллиѓї ё худ, ба ифодаи сиёсї, идеолог аст. Хуш ба њоли ў, ки ин љавњари истеъдоди фитрии худро дарёфта, муддати сенздањ сол дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњияи Ёвон кору фаъолият кард ва тайи ин солњо бо нутќи гиро, гуфтори пурмантиќ, лафзи ширин ва суханони нишонрас миёни мардум, аз минбарњои баланд таблиѓи некиву накўкорї, футуввату љавонмардї, ростиву растагорї, саховатпешагию хайрандешї, созандагию бунёдкорї ва ватандўстї мекунад. Њар мањфиле, маљлисеву љамъомаде аз њузураш шукуњманд мегардад. Суњбати дилкушову ширин дорад. Дар њар куљое, дар њар вазифае, ки кор кардааст, њамин кирдору амалаш ўро гули сари сабад кардаасту азизи дили њамкорон. Дар маъракаву нишастњое, ки Алимардонов њозир бошад, аз он љо ѓаму ѓусса ва яъсу ноумедї мегурезанд. Зарофатгўиву шўхињои намакинаш хотирњоро болида ва дилњоро пурфарањ месозанд. Шахсан барои ман Эмомалї Алимардонов мояи ибрат ва сармояи панду андарзњои бепоён аст. Тайи нуњ соле, ки дар шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњия якљоя кор кардем, аз ў њам усули кор омўхтаму њам сабаќи зиндагї. Имрўз, ки ин марди рўзгор ва дилошнои зиндагї пас аз фаъолияти беш аз чилсолаи мењнатї бо сари баланд ба синни мубораки нафаќа расидааст, барояш сињатмандии комил, хотири осуда, рўњи болида ва саодати минбаъдаи њаётї хоста, таманно мекунам, ки баъд аз ин натанњо дар њалќаи фарзандону наберагон рафоњият ёбаду фароѓат кунад, балки доиман бо табассуми рўњафзо ва суњбатњои пур аз зарофату саршор аз мењру муњаббаташ шамъи фурўзони мањфилњои дўстону њамкорон боќї бимонад. Файзиддини Муњаммадї, сармутахассиси шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси ноњияи Ёвон
Њунарро бењтарин сармояи инсон мегўянд. Аммо, ба иддаои усто Усмон Рањматов, аз њунар њам сармояи гаронарзиштар вањдату осоиш, сулњу салоњ аст. Зеро њунар дар љое рушд мекунад, ки дар фазои он макон њамдигарфањмию ягонагї њоким асту он љо дур аз љангу нофањмињост. Мањз сулњу субот ва вањдату ягонагї имкон медињад, ки њунарњои миллии бостонї эњё ва рушд кунанд, бењтарин чењрањои њунар дар кишвар дарёфт ва њунари онњо ба оммаи васеъ муаррифї шавад.
УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАЊДАТ, БА РЎЗИ НЕК РАСИДЕМ» Усмон Рањматов яке аз чунин њунармандони муваффаќест, ки бо намунањои камназири мањсулоти заргариаш дар њудуди Љамоати дењоти «Озодагон»-и ноњияи Панљ ва берун аз он шинохта шудааст. Пайроњаи њунари Усмон аз достонњои заргарони чирадасти дигар фарќ мекунад. Њунари ў ирсї нест. Чун дигарон аз падар ба мерос нагирифтааст. Ў нозукињои ин њунарро бо ёрии бародари заргараш усто-Рањмат, ки дар шањри Душанбе заргари номдор аст, аз худ кардааст. Усмон бо шукргузорї аз Вањдати миллї, сулњу суботи кишвари азизамон мегўяд, ки соњибистиќлолї ў ва дигар нафарони њунармандро соњиби ному нон кардааст. Зеро бо доштани ин неъмати бузург ва ќалби шоду беѓам модарону бонувон метавонанд аз мањсулоти заргарї ва дигар ороишоти занона истифода кунанд, худро зебу зиннат бахшанд. Дар ноњияи Панљ, ки яке аз дурдасттарин ноњияњои вилояти Хатлон ба њисоб меравад, намояндагони миллатњои гуногун зиндагї мекунанд. Шавќу раѓбати бонувон низ гуногун аст. Усто-Усмон аз таљрибаи кории хеш мегўяд, ки зиёда аз бист сол пеш занону модарони панљї ханда аз лабонашон парида буд ва аз мањсулоти заргарї низ кам истифода мекарданд. Шукронаи вањдати миллї ва истиќлолияти кишвари азизамон, ки дубора чењрањои занону бонувон кушода ва ѓам аз ќалбњои онњо зудуда шуд. - Мо, њунармандон, низ бо расидан ба вањдату ягонагї ва тинљию осудагии кишвар соњиби кору касб ва зиндагии ширин гардидем. Дар ноњияи Панљ то се-чањор сол пеш бештар бонувон ба метали тилло таваљљуњ доштанд, имрўз бошад, аз заргарон бештар њалќаву дастбандњои нуќрагин харидорї мекунанд, - мегўяд устои заргар Усмон Рањматов. - Бонувон бештар нусхањои ќадимаи ороишотро фармоиш медињанд. Мо ба сохти ќадима тарњи нав ва сангњои пурљилотарро омехта карда месозем, ки ба занону бонувон хуш меояд. Азбаски мардуми ноњияи Панљ, бахусус занони дењотљой, имкони рафтан ба шањрњои Бохтару Душанберо надоранд, мо њунармандон кўшиш мекунем, охирин муди заргариро аз Душанбе омўхта, бо нархи нисбатан арзон пешкаши фармоишгарон созем. Бояд ќайд намуд, ки њунари Усмон Рањматовро на танњо дар ноњияи Панљ, инчунин дар Љайњуну Фархор низ ќадр мекунанду мањсули дастонаш талабгорони зиёд дорад. Духтароне, ки аз Панљ ба дигар ноњияњои вилояти Хатлон арўс шуда мераванд, ба њалќаву дастмонањо, занљираву ангуштарињои нуќрагини сохтаи Усмон Рањматов мафтун шуда, ба дурии роњ нигоњ накарда, барои фармоиш додан меоянд. То њанўз касе аз даргоњи ў ноумед нарафтааст. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон» Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
ЖУРНАЛИСТОНИ ЉАВОН УСУЛЊОИ ИНЪИКОСИ МАВЗЎИ ЗЎРОВАРЇ ДАР ОИЛАРО ОМЎХТАНД Гурўње аз журналистони љавони вилояти Хатлон аз давраи омўзишии якрўза дар мавзўи «Инъикоси мавзўи зўроварии хонаводагї дар воситањои ахбори омма» гузашта, назокатњои бозтоби ин мавзўи њассоси иљтимоиро дар расонањои хабарї омўхтанд. Тренинги мазкур чанде пеш дар шањри Бохтар бо ибтикори Лоињаи пешгирии зўроварии хонаводагї (PDV), ки аз љониби филиали ГОПА дар Љумњурии Тољикистон ва бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба њамкорї амалї мешавад, дар асоси созишномаи њамкорї бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон доир гашт. Њадафи аслии тренинги мазкур мусоидат ба такмили малакаю мањорати рўзноманигорони љавони вилояти Хатлон дар инъикоси мавзўи зўроварии хонаводагї дар ВАО, њамчунин боло бурдани мањорати журналистон дар навишти матнњои хос барои расонањои электронї унвон мешавад. Ин тренинг бењтар кардани дониш ва мањорати иштирокдорони давраи омўзишї дар омодасозии мавод доир ба мавзўи хушунати оилавї: мушкилот ва дурнамои онро вазифаи худ ќарор дода буд. 15 хабарнигори љавон аз расонањои мухталифи вилояти Хатлон, магистрантон ва устодони кафедраи журналистикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар он ширкат варзиданд. Дар омўзиш бо истифода аз усулњои минилексия, “њуљуми маѓзї”, саволу љавоб, нишон додани графикањо доир ба зарурати љалби таваљљуњи журналистон ва ВАО ба масъалаи зўроварї дар оила, шарњи мафњуми зўроварї дар оила, намудњои зўроварї дар оила: зўроварии љисмонї, зўроварии рўњї, зўроварии шањвонї, зўроварии иќтисодї, субъектњои пешгирикунандаи зўроварї дар оила, оќибатњои зўроварї маълумот дода шуда, љињати инъикоси ин мавзўъ дар матбуот тавсияњои амалї ироа гардид. Маълумот дода шуд, ки дар сатњи вилоят Шўрои њамоњангсозї оид ба пешгирии зўроварї дар оилаи назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роњбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода амал мекунад. Њамчунин дар сатњи шањру ноњияњо - 16 гурўњи кории байниидоравї оид ба пешгирии зўроварии хонаводагї таъсис дода шуда, 258 мутахассиси гурўњи кории байниидоравї аз омўзиши љанбањои асосии фаъолияти байниидоравї гузаштаанд. Аз моњи октябри соли 2017 то сентябри соли 2018 аз љониби гурўњњои кории байниидоравї ба ќайд гирифта шуд: • 1164 мурољиат, аз он
љумла 760 мурољиат аз тарафи љабрдидагони хушунати оилавї. 594 нафари онњо (78%) занон, як нафар кўдак ва 165 (22%) нафар мард будаанд; • 239 нафар барои машварат гирифтан ба шуъбаю бахшњои кор бо занон ва оила, 185 нафар ба хотири маслињати њуќуќї, 79 нафар бо маќсади суњбат бо кормандони иљтимої мурољиат кардаанд. Дар натиљаи 245 мурољиат амрномањои муњофизатї дода шудааст; • Лоињаи PDV гурўњњои кории байниидоравиро тавассути иловатан љалб намудани 8 корманди иљтимої, ду њуќуќшинос ва 4 тренер дастгирї мекунад. Иштирокчиёни тренинг бо тавсия ва роњнамоии тренер меъёрњои журналистии инъикоси мавзўи зўроварї дар оиларо коркард намуданд, ки аз беѓаразї, таљрибадор будани журналист барои мусоњиба бо љабрдидаи зўроварї; риояи меъёрњои ахлоќї, бетарафї, ба эъибор гирифтани рўњияи ќањрамони мавод, кор бо сарчашмањои муътамад, созанда будани матлаб (ба љабрдида зарар нарасонад), бањодињї накардан дар маќола, оммафањм будани матн, истифода аз шарњу тафсири коршиносон/уламои дин, эњтироми њаёти шахсї иборат буд. Ба журналистони љавон доир ба чї тавр бо љабрдидагони хушунат саволу љавоб кардан тавсияњои амалї дода шуд. Зикр гардид, ки њарчанд баъзе занњо танњо бо махфї нигоњ доштани номи худ розиянд, ки њамаи њодисаи рухдодаро ќисса кунанд, аммо яке аз вазифањои журналист пешбинї кардани хатарњои баъди нашри маќола ба ќањрамон/ љабрдидаи хушунат аст. Дар бахши “Љанбањои ахлоќии инъикоси мавзўи зўроварї дар оила” аз љумла зикр гардид, ки њамаи журналистон ва кормандони касбии ВАО уњдадоранд, ки дар фаъолияти худ волотарин меъёрњои ахлоќї ва касбиро риоя карда, љињати њарчи васеътар тавассути ВАО интишор гардидани маълумот оид ба Конвенсияи СММ дар бораи њуќуќњои кўдак ва ањамияти он барои фаъолияти мустаќили рўзноманигорї мусоидат ку-
нанд. Созмонњои журналистї бояд њодисањои поймол шудани њуќуќњои кўдак ва масоили вобаста ба бехатарии кўдакон, њаёти шахсии онњо, њимоя, таълимот, сињатї, таъминоти иљтимої ва тамоми навъњои истисмори кўдаконро ба њайси масоили барои тањќиќ ва муњокимањои љамъиятї хеле муњим пайгирї кунанд. Ба иштирокчиён инчунин оид ба љанбањои њуќуќї ва этикии мусоњиба маълумот дода шуд. Иштирокчиён ба саволњои худ посухи ќаноатбахш дарёфтанд. Дар умум метавон гуфт, ки гурўњи иштирокдорони омўзиш њама мутахассисони љавон ва ояндадори соњаи худ буданд. Фаъолнокии иштирокчиён аз дараљаи касбияти онњо ва њавасмандиашон барои омўхтани мавзўи тренинг дарак медод. Њамаи онон дар мубоњисањо фаъол буданд. Зимни табодули афкор миёни иштирокдорон ва коршиносони љалбшуда ба тренинг чунин андеша баён шуд, ки њанўз њам мушкилоти кадрї дар мањал (норасоии равоншиносони тањсилдида, њуќуќшиносон, кормандони иљтимої, ки мутахассисони кумак ба ќишрњои осебпазиранд) боќист. Аз ин рў, Лоињаи PDV минбаъд низ дастгирии лоињавиро идома медињад. Инчунин, паноњгоњњое, ки љабрдидагони зўроварї дар оила барои дарозмуддат он љо нигоњубин карда шаванд, мављуд нестанд. Шумораи марказњои машваратї барои кор бо љабрдидагони зўроварї ва агрессорњои оилавї нигаронида шудаанд, кофї нест. Ќолабњо (стереотип)-и гендерї (аз он љумла дар миёни мутахассисон ва роњбарон) њоло њам боќианд, ки аз мо тадбирандешињои доимї ва бештарро барои огоњонї ва омўзиш талаб мекунанд. Зикр шуд, ки баргузории чунин даврањои омўзишии касбї доир ба инъикоси мавзўи пешгирии зўроварї дар оила ва боздидњои расонаї ба њуљрањои машваратї дар оянда низ барои рўзноманигорони љавон пешбинї гардидаанд. И. ЊАНГОМА, «Хатлон»
Барњам мехўрад
Бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти №281 аз 10 июни соли 2019 КВД «Ќароргоњи Президенти Љумњурии Тољикистон дар шањри Ќўрѓонтеппа» барњам дода мешавад.
Диќќат: Музояда! Иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Љалолиддини Балхї рўзи 5 августи соли 2019 музоядаро оид ба фурўши амволи зерин, ки тањти њабс ќарор дорад, эълон менамояд: № Т/р
Номгўи амволи њабсгардида
1.
Манзили истиќоматї, якошёна, иборат аз 4 (чор) њуљраи истиќоматї, масоњати умумии бино 330,64 м/м, сатњи истиќоматиаш 73,20 м.м, бо иншоотњои ёрирасони 1А-1-х/х- истиќ.-138,18 м.м, 2 Г-амбор 14,43 м/м, 3Г-аловхона-24,60 м/м, 4Г-ошхона-54,59 м/м, 5Г-њаммом-32,34 м/м, 6Г-молхона-66,50 м/м, бо истифодабарии сатњи умумии ќитъаи заминаш 0,20 га.
Соли барориш
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидої
Соли 1995
Ноњияи Љалолиддини Балхї, Љамоати дењоти “Навобод”, дењаи Комсомол, хонаи б/р
267349,60
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони такрории мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музоядаи такрорї анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Љалолиддини . Балхї дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83247) 4-22-41 гирифта метавонед.
эътибор надорад
Дипломи гумшудаи ДТК №0040785, ки онро соли 2010 Коллељи тиббии шањри Бохтар, бо ихтисоси кори умумитиббї ба Бабаева Саодат Абдукаюмовна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-АТУ №0066916, ки онро соли 2005 МТМУ №5-и ноњияи Абдурањмони Љомї ба Њайдарова Омина додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №253054, ки онро соли 1996 МТМУ №12-и ба номи Анварбек Њамидов-и шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) ба Ортиќова Гулнорахон Носиржоновна додааст, эътибор надорад. Сертификати гумшудаи њуќуќи истифодаи замин, ки онро Кумитаи давлатии заминсозии Љумњурии Тољикистон 2 июни соли 2006 Б№0125621, барои истифодаи якумраи меросї ба шањрванд Абдуллоев Назрулло, сокини дењаи Уртабузи ноњияи Љалолиддини Балхї њамчун ќитъаи наздињавлигї дода, дар Кумитаи заминсозии ноњия тањти №736 ба ќайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №222992, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1994 МТМУ №32-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Муродова Бахтигул додааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Наљот САФАРЗОДА Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 3.06.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896