Рўзи Вањдати миллї муборак, њамватанони азиз!
ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №26 (3211)
www.khatlon-ruznoma.tj
чоршанбе, 26 июни соли 2019
27-уми июн, бешубња, дар таърихи мамлакати мо њамчун санае сабт хоњад ёфт, ки фољиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати њамеша њифз намудани сулњу осоиш ва тањкими вањдати миллї ва истиќлолияти мамлакатро хотирмон месозад. Бе њељ муболиѓа метавон гуфт, ки имзои Созишномаи умумї ѓалабаи фаќат миллати тољик ва тољикистониён не, балки ѓалабаи тамоми тољикистониёни
дунё, пирўзии дўстони Љумњурии Тољикистон дар тамоми љањон буд. Таљрибаи сулњи мо ѓайр аз он, ки роњи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан мекунад, ањамияти байналхалќї низ дорад ва метавонад љињати њалли мушкилоти кишварњои гуногун мавриди истифода ќарор гирад. Пешвои миллат Эмомалї Рањмон
Сулњу вањдат асоси хушбахтиву созандагињои миллат аст Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бахшида ба Рўзи Вањдати миллї
Њамдиёрони азиз! Мо - насли калонсол хуб огањї дорем ва шоњид њастем, ки дар баробари ба даст омадани Истиќлолияти давлатї, Љумњурии Тољикистон бар асари мудохилаи ошкор аз хориљи кишвар, ки зери шиори демократикунонии љомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатњои шадиди дохилї гирифтор шуда, ин раванд ба љанги тањмилии шањрвандї ва фољиаи бародаркушї оварда расонид. Мардуми шарифи Тољикистон, бахусус вилояти Хатлон, ки маркази даргирињо буд, оќибатњои дањшатнок ва зарбањои љонкоњи љангеро, ки аз љониби доирањои муайян ва бадхоњони миллати тољик ба маќсади ба сари мардуми мо тањмил кардани мазњабу фарњанги бегона ва бунёди давлати исломї оѓоз шуда, боиси ба њалокат расидани дањњо њазор нафар шањрвандони мамлакат ва хисороти азими иќтисодї гардид. Бадхоњони миллати тољик тавонистанд корро то дараљае биёранд, ки бародар ба муќобили бародар сангар гирифта, мардуми кишвар овораю пароканда ва гуреза шуданд. Дар ин маврид Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон чунин ќайд кардаанд: «Муњимтарин дастоварду комёбие, ки дар даврони соњибистиќлолии кишвар ба даст овардаем, ин аз хатари нестї наљот ёфтани давлатдории миллии тољикон мебошад». Боиси тазаккур аст, ки инсоният дар тўли њаёт, бо такя ба аќли солиму хиради олї тавонист хусумату бадбинї, кинаву адоват ва носозгориву нољўрињоро аз байн бибарад ва дасти оштиву мусолињаро ба њам дињад. Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон роњбарони бонуфузи љонибњои муќобил, њаракату созмон ва аќаллиятњои миллиро даъват намуд, ки барои хатми љанги шањрвандї, таъмини суботи љомеа савганд ёд кунанд ва садо баланд намоянд. Вале бо вуљуди аз тарафи вакилони иљлосия ќабул гардидани ќарор дар бораи эълон гардидани рўзи 26 ноябри соли 1992 чун «Рўзи сулњ ва ризоияти миллии мардуми Љумњурии Тољикистон», тарроњони ин љанги хонумонсўз наќшањои дигаре тањия менамуданд. Хушбахтона, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва вањдати миллї ба имзо расида, бо ташаббусњои созандаи Пешвои муаззами миллат
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
муњтарам Эмомалї Рањмон ва дастгирии бевоситаи халќи кишварамон сулњу субот ва вањдати комили миллї дар Тољикистон таъмин гардид. Мањз Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њамчун шахсияти бузурги таърихї тавонист бунёдгузори модели нави сулњофарї дар минтаќа ва љањон гашта, низои мушкили дохилиро дар муњлатњои нињоят кўтоњи таърихї тариќи сулњу созиш бартараф намояд. Хеле зарур аст, ки насли имрўзаи љавони давлати мо ба воќеияти даврони ба соњибистиќлолї расидани Тољикистон хубтару наздиктар ошно гардида, сабабњои аслии бохтњои давлати љавони худро аз диди аќлу дил дарк кунанд ва дар фазову рўњияи баланди ватанпарастиву ватандорї таълиму тарбия бигиранд. Зеро, фазои имрўзаи сиёсии минтаќа ва љањон моро водор месозад, ки тамоми неруњои созандаи љомеаро барои њифзи дастовардњои истиќлолият, тањкими давлатдорї, вањдати миллї, сулњу субот ва рушди њамаљонибаи иќтисодиву иљтимоии мамлакат равона созем. Зеро, њамдилию ягонагї аз њарваќта дида барои њамаи мо зарур буда, дар шароити кунунии пурзўршавии равандњои љањонишавї омили муњими таъмини суботи иљтимої ба њисоб мераванд. Хатару тањдидњое, ки рушди босуботи кишварњоро думболагир аст, хусусияти фарогир дошта, ќодиранд ќудратњои устуворро аз байн баранд. Дар њолате, ки давлати Тољикистон воќеан њам ба мутахассисони соњаи техникї, махсусан технологияи муосир эњтиёљ дорад, мувофиќи матлаб аст, ки аз рўзи аввалине, ки падару модарон фарзандонро ба расму ойин ва дину мазњаб ошно сохтанї мешаванд, дарк кунанд, ки тафаккури рўшану озод доштани насли наврас талаботи замон аст. Бо маќсади расидан ба њадафњои стратегии давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон, яъне таъмини истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти коммуникатсионї рањої додани кишвар ва таъмини амнияти озуќаворї то ба имрўз мо ба як ќатор дастовардњои назаррас, аз љумла рушди соњањои энергетика, роњсозиву алоќа ва сохтмону кишоварзї ноил шудем, ки њамаи онњо барои ањли љомеа мисли оина равшан аст. Мардуми кишвар, аз љумла вилояти Хатлон њадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардидани рушди босуръати саноатикунонии кишварро хуб ќабул намуда, барои амалї гардидани ин њадаф самимона кўшиш намуда истодаанд. Бинобар ин, њар як сокини вилояти Хатлон бояд бо шукронаи сулњу субот ва оромиву осудагии кишвар њамеша барои тањкими вањдати миллї, таќвияти пояњои давлатдории миллї ва вусъати раванди бунёдкориву созандагї саъю талош намоянд. Мањз давлати миллї, давлати соњибистиќлолу озоди демократї имконияти таърихї фароњам овард, ки мо андешаи вањдати миллиамонро ба вуљуд орем ва роњу равиши халќамонро оянда муайян созем. Бањри амалигардии ин њадафњои неки давлату Њукумати Тољикистон моро хеле зарур аст, ки кору пайкори созанда ва мењнати арзандаро ба роњ монда, вањдату ягонагии миллатро пойдор ва зиндагии шоистаи мардумамонро таъмин намоем. Бо ин ниятњои нек бори дигар њамаи шумо - мардуми зањматкаши вилояти Хатлонро ба Рўзи Вањдати миллї табрик гуфта, ба шумо саломатї ва саодати рўзгорро таманно менамоям. Сарбаланду саодатманд бошед, њамдиёрони азиз!
БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪЊОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Субњи 20-уми июни соли љорї Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода ба шањру ноњияњои Бохтар, Хуросон, Панљ, Фархор, Њамадонї ва Восеъ сафари корї анљом дод. Сарвазири мамлакатро дар фурудгоњи муваќќатї, воќеъ дар дењаи Бандари Љамоати дењоти «Ќизилќалъа»-и ноњияи Хуросон раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, раиси ноњияи Хуросон Сафарзода Рањматулло ва роњбарони як ќатор ташкилоту муассисањои вилоятї истиќбол гирифтанд. Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода зимни сафари корї нахуст аз хољагии дењќонии «Бобои Њамро», воќеъ дар Љамоати дењоти «Ќизилќалъа»-и ноњияи Хуросон, боздид ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки масоњати умумии замини хољагї 7 гектарро дар бар гирифта, аз ин њисоб дар майдони 5 гектар кишти пунбадона ва дар ќитъањои боќимонда кишти дигар навъи зироатро ба роњ мондаанд. Дар натиљаи боришоти зиёди 2-юми июн хољагидорон ба мушкилї рў ба рў шуда, бештари зироати киштшуда осеб дидааст. Сарвазири мамлакат дар якљоягї бо раиси вилоят аз ќитъањои замини хољагии мазкур дидан намуда, бо дењќонон дар ин маврид суњбат оростанд. Дар љамоати дењоти мазкур Сарвазири мамлакат бо вазъи рўзгори чанде аз сокинони дењаи Мењнатобод, аз љумла оилаи Саидањмад Њаётов, ки бар асари боришот зарари љиддї дидаанд, шиносої пайдо намуда, ба роњбарияти ноњия дастур дод, ки кумаки худро ба чунин оилањо расонанд. Зимни боздид аз дењоти осебдида Сарвазири мамлакат њамчунин бо сокинони ин дења суњбат ороста, аз мавзеъњои хатарзои соњили канали дохили дењот низ дидан кард. Дар љараёни сафари кориаш Ќоњир Расулзода ба шањри Бохтар ташриф овард. Дар маркази вилоят бо љараёни корњои сохтмонї дар иншооти љашнї - Маркази фарњангиву иттилоотии шањр, ки дар кўчаи Борбад љойгир аст, боздид ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо маблаѓгузории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар ва соњибкорон бунёд мегардад. Тибќи иттилои масъулин дар ин бино маркази љавонон, иттилоот, фарњанг, матбаа љойгир карда мешаванд. Бино бо тарњи замонавї сохта шуда, дорои се то-
лори барњаво мебошад, ки калонтарин толори он барои 800 нафар пешбинї гардидааст. Иншооти мазкур соли 2020 пурра мавриди бањрабардорї ќарор мегирад. Дар идомаи сафари корї Сарвазири мамлакат аз боѓи фарњангї – фароѓатии ба номи Рањмон Мўрчаеви шањри Бохтар боздид ба амал овард. Масоњати умумии боѓи мазкур 1,5 гектарро дар бар мегирад ва бо харљи 1,5 миллион сомонї аз њисоби соњибкорони мањал бунёд мегардад. Дар растањои дохили боѓ гулњои зебои ороишї шинонида шуда, барои бозї ва истироњати кўдакон шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Дар ќисмати дигари боѓ корњои ободонии раставу гулгаштњо, сафолакчинї бомаром идома дорад. Ќоњир Расулзода бо љараёни корњои ободонї шинос шуда, ба кори сохтмончиён бањои баланд дод. Сарвазири мамлакат дар ин рўз аз майдони «70-солагии водии Вахш»-и маркази маъмурии вилоят - шањри Бохтар дидан намуд. Тибќи Лоиња дар ин мавзеъ бунёди шаршарањои сунъї, майдончањои истироњатї – фароѓатї, фавворањои замонавї, бо тарњи зебо бунёд мегардад. Масоњати умумии майдони «70-солагии водии Вахш» 2,5 гектарро ташкил медињад ва айни замон 120 нафар сохтмончиён ба корњои сохтмонї љалб гаштаанд. Бунёди ин мавзеъи истироњатї фароѓатиро чор ширкатњои сохтмонии ватанї ба ўњда доранд ва дар радифи маблаѓгузорї аз њисоби буљети мањал сањми соњибкорон дар обод гаштани ин мавзеъ назаррас унвон карда шуд. Ёдовар мешавем, ки маркази маъмурии вилоят шањри Бохтар бо шарофати соњибистиќлолии мамлакат симои худро куллан таѓйир медињад ва рўз то рўз ободу зебо мегардад. Ёдовар мешавем, ки сафари кории Сарвазири Љумњурии Тољикистон муњтарам Ќоњир Расулзода ба ноњияњои Панљ, Фархор, Мир Сайид Алии Њамадонї ва Восеъ идома ёфта, аз минтаќаи зарардидаи дењањои Пешќадам – 1, Пешќадам – 2- и дењоти «Намуна»-и ноњияи Панљ, минтаќаи осебзадаи дењаи Сурхоби дењоти «Ѓалаба»и ноњияи Фархор дидан намуда, љињати кумаку дастгирї ба зарардидагон ба масъулини ноњияњои мазкур дастуру супоришњо дод. «Хатлон»
ЭМОМАЛЇ РАЊМОН МЕЪМОРИ ВАЊДАТ «Ќасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таљрибаамро барои дар њар хона ва њар оила барќарор шудани сулњ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоќатмандона мењнат мекунам». Эмомалї Рањмон, ноябри соли 1992, Иљлосияи 16-уми Шўрои Олї, Хуљанд Фарзанди фарзонаи миллат, Ќањрамони Тољикистон Эмомалї Рањмон, барњаќ, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат аст. Аз рўзу соати аввали њамчун Роњбари давлат интихоб шуданаш њама талошашро барои эъмори сулњу субот ва ризоияти миллї дар Тољикистон равона сохт, ки ќабули Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон натиљаи ин љонфидоињояш буд. Њанўз 12 декабри соли 1992 Эмомалї Рањмон ба њайси Раиси Шўрои Олии Тољикистон бо мурољиатнома ба унвонии халќи шарифи Тољикистон баромад намуда, таъкид дошт, ки дар ин давраи барои Ватан хеле душвор беш аз пеш ба аќлу заковати мардуми Тољикистон, ки ворисони фарзандони барўманди тољиканд, бовар дорад. «Ман ќасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таљрибаамро барои дар њар хона ва њар оила барќарор шудани сулњ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоќатмандона мењнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муќаддас, агар лозим шавад, љон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва њаёти хушбахтонаи халќи азияткашидаам бовар дорам», - зикр кард Пешвои миллат. Њодисаи фарањбахше, ки миллати тољик, њамаи тољикистониён ва дўстони дуру наздики давлати мо њангоми имзои њуљљати таърихї – Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон аз сар гузарониданд, моњиятан як давраи томи таърихро дар худ таљассум менамояд. Љидду љањд ва умедворињои мардум барои нигоњ доштани давлати миллии тољикон дар солњои љанги тањмилии шањрвандї мањз дар рўзи 27 июни соли 1997 љомаи амал пўшид. «Ман имрўз гуфта метавонам, ки насли њозираи миллати тољик, њарчанд аввал пешпо хўрд, имрўз фирўз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи ањриманиро, ки дар майнаи халќи мо љой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони зањњокиро, ки љони љавони садњо фарзандони моро ќурбон мекарданд, саркўб созад… Аќли солим ва хиради дурбин пирўз шуд. Рўзи фархундае, ки онро дар њамаи шањру ноњияњо ва дењоти дурдаст, дар њамаи оилањо интизор будем, фаро расид», гуфта буд Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар мурољиатномааш ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї. Албатта, 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тољикон бо азму иродаи ќавї ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рўйдоди бузурге арзи вуљуд кард, ки он дар таќдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллї ва тањаввули бунёдї гардид. Дар ин рўзи пурфайзи таърихї ормони чандинсолаи халќи азияткашидаи тољик ба воќеият табдил ёфт, яъне дар шањри Москва Созишномаи умумї дар бораи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба имзо расид ва бо њамин ба љанги бародаркуши миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд. Мусолињаи миллї дар таърихи навини миллати куњанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рў, њар фарде, ки худро фарзанди Тољикистон медонад ва ќадру манзалати Тољикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард њамеша эњтиром гузорад ва тањкими вањдати миллиро рисолати шањрвандиву ќарзи фарзандї дониста, ба халалдор гардидани он њаргиз роњ надињад. Вањдати миллї на танњо асоси оромиву осудагии халќ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди њамаљонибаи љомеа мебошад. Вањдати миллї њамчун омили муттањидсозандаи миллати тољик имкон фароњам овард, ки бо истифодаи арзишњои аз љониби љомеаи љањонї пазируфташуда тањти роњбарии Пешвои миллатамон муњтарам Эмомалї Рањмон дар кишвар тањкурсии ташаккули љомеаи шањрвандї гузошта шуд ва барои бењтар гардидани сатњу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соњибистиќлоламон заминаи мусоид муњайё гардид. Мо имрўз метавонем бо ифтихор изњор намоем, ки истиќрори сулњу субот ва вањдати миллї дастоварди бузургтарин ва воќеан таърихии тољикон мебошад, ки мањз дар натиљаи њамбастагии мардуми
кишвар ва азму талоши фарзандони содиќи халќамон муяссар гардид. Дар њаќиќат, метавон гуфт, ки имрўз дар кишвари соњибистиќлоли мо вањдати миллї њамчун ѓояи умумимиллї дар радифи мафњумњои озодиву истиќлолият ва сулњу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури миллии мардуми Тољикистон чун омили мувозинати њамаи тарафњои сиёсати давлатї арзёбї мегардад. Андешаи сулњу вањдат ва фалсафаи тањаммулгарої дар табиату хислати мардуми тољик ба арзишњои муќаддасе табдил ёфтаанд, ки бо љисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоќу одоб, фарњангу маданият ва зиндагии маънавии љомеаи мо ќадру манзалати баланд доранд. Эмомалї Рањмон таъкид медоранд, ки халќи тољик аз азал соњиби андеша ва њувияти баланди милливу эњсоси ватанпарастї буда, роњи њамдигарфањмї ва сулњу созишро интихоб намудани он нишонаи барљастаи хирад ва тањаммулпазирии миллати куњанбунёди мо мебошад. Ба ибораи дигар, вањдати миллї мањсули андешаи миллии мост. Зеро мањз андеша ва њувияти миллї мардуми соњибфарњангу тамаддунсози тољикро водор сохт, ки сулњу вањдатро барќарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро њифз намояд ва миллатро аз парокандагї эмин дошта, барои рушди давлати соњибихтиёри худ шароити мусоид фароњам оварад. Халќи мо дар фаросўи таърихи хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллї, њамчунин фарњанги ѓановатманди моддиву маънавї ва эњсоси баланди худшиносї, ки дар давраи Сомониён ба ављи камолоти худ расида буд, бо вуљуди фишори суннатњои фарњангї, забон ва анъанањои бегонагон худро аз нобудшавї њифз намуд. Фарњанги сулњ бењтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тољик мебошад, ки рисолати инсондўстию фарњангпарвариро дар тўли асрњо пуштибонї намудааст. Ин рисолати деринаи фарњангї халќи моро ба фарњангсолорї оварда мерасонад, ки дар ин бобат Рўдакї гуфтааст: Њељ ганље нест аз фарњанг бењ, То тавонї, рўй бар ин ганљ нењ. Имрўз аз фарњанги сулњ ва рисолати сулњпарварї натанњо ояндаи кишвари мо, балки таќдири ояндаи љомеаи башарї вобаста аст. Аз ин лињоз, мо, тољикон, ки таърихан миллати фарњангиву сулњпарвар њастем, њаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва мењнати созандаю бунёдкоронаро маќсаду мароми доимии худ ќарор дода, ба сўи љомеаи шањрвандї ва тарзи зиндагии дунявї пеш меравем. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон зимни иштироки худ дар тантанањои идона ба муносибати 11-солагии Рўзи Вањдати миллї дар шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) 27 июни соли 2008 зикр намуда буданд, ки аз баракати сулњу суботи устувор ва вањдати комили миллї имрўз дар њудуди шањру ноњияњои вилояти Хатлон, аз љумла шањри Бохтар, на танњо аз харобињои он даврони ноором осоре боќї намондааст, балки дар натиљаи зањмати сарљамъонаву ватандўстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорї нисбат ба солњои пешин хеле ободу зеботар шудааст. «Миллати мо дар сурате номдор, давлати мо дар сурате пешрафта ва њар фарзанди тољик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба ќадри вањдати љовидонаи халќи худ расем ва барои устувору пойдор нигоњ доштани он њамеша талош намоем. Барои ин, пеш аз њама, нангу номус, сатњи баланди худшиносиву худогоњии миллї ва ифтихори ватандорї зарур аст», - таъкид намуданд Пешвои миллат дар мулоќот бо сокинони Бохтари бостонї. Љашни Вањдати миллї, бешак, рамзи бањамої, сарљамъї, иттињоду ягонагї ва вањдати миллї буда, пирўзии фарњанги сулњ ва аќлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулњпарвари тољикро бори дигар собит месозад. Дуруду њамд бар меъмори Вањдат, Сано бар ворису ѓамхори Вањдат. Зи хишти мењру аз обу гили мо, Ба гардун мерасад девори Вањдат. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
БА ДИЌЌАТИ ВАКИЛОНИ МАЉЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛЌИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Рўзи 28 июни соли 2019, соати 9:00 дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Иљлосияи њаждањуми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, даъвати панљум бо масъалањои зерин баргузор мегардад: 1.Рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 13.02.2016, №40 “Дар бораи барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон” дар шањру ноњияњои вилоят. 2.Њисоботи сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон оид ба рафти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи омори давлатї” дар шањру ноњияњои вилоят. 3.Масъалањои љорї.
2
ХАТЛОН
Чоршанбе, 26 июни соли 2019, №26 (3211)
Вањдати мо Тољикистонро мунаввар кардааст, ИФТИТОЊИ ИНШООТЊОИ НАВ ДАР ВОСЕЪ
Дар тамоми гўшаю канори љумњурии азизамон ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон корњои созандагию бунёдкорї бо суръат идома дорад. Ин њама ободкориву дигаргунињо ба шарофати дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва њидоятњои ў дар самти корњои созандагию бунёдкорї суръати тоза мегиранд. Дар ин раванд рафти корњои ободкорию созандагиро дар ноњияи Восеъ метавон ёдовар гардид. Дар ноњия мувофиќи наќшачорабинињои тартибдода сохтмони зиёда аз 270 адад иншоот, аз ќабили манзили истиќоматї, биноњои маъмурию маишї, роњу пулњо мавриди назар аст. Кор дар ин самт босуръат давом дорад ва аллакай дар ин љо зиёда аз 60 иншооти дарназардошта сохта, мавриди бањрабардорї ќарор дода шудааст. Бо маќсади шинос шудан бо рафти корњои созандагию бунёдкорї дар ноњияи Восеъ рўзи 20-уми июни соли љорї Сарвазири Љумњурии Тољикистон Ќоњир Расулзода бо сафари корї аз ноњияи Восеъ дидан намуд. Сарвазири љумњуриро дар ин сафар вазири молияи Љумњурии Тољикистон Файзиддин Ќањњорзода, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ва дигар масъулин њамроњї доштанд. Сарвазири љумњурї Ќоњир Расулзода сараввал дар расми ифтитоњи ќабулгоњ љойи истиќболи мењмонон дарвозаи рамзии ноњияи Восеъ, воќеъ дар шоњроњи Кўлоб - Душанбе, дењаи Бањористони Љамоати дењоти “Гу-
листон” ширкат варзид. Сарвазири љумњурї Ќоњир Расулзода бо буридани лентаи рамзї ба кушодашавии ќабулгоњ оѓоз бахшид. Мавзеи ќабулгоњ ба назари њар як бинанда хеле писанд меафтад. Он дар масоњати 0,50 гектар доман пањн намуда, бо гулу гулбуттањо, сабзаи хеле хуб парваришнамуда, нињолони сояафкан ба назар мафтункунанда мерасад. Тамоми шароити зарурї фароњам оварда шудааст. Дар канори он дар майдони 2,5 гектар боѓи дарахтони сояафкан бунёд гардидааст, ки он њусни ин мавзеъро боз њам дилрабо мегардонад. Ин мавзеъ барои занбўриасалпарварї низ хеле мувофиќ аст. Ин аст, ки дар ин љо Сафаралї Довудов ба занбўриасалпарварї машѓул аст. Сарвазири љумњурї бо фаъолияту кори Сафаралї Довудов шинос гардида, таъми асали ин занбўриасалпарварро чашида, ба ў барори кор хост. Сипас, Ќоњир Расулзода бо вазъи зиндагии мардуми дењаи Гулистони Љамоати дењоти “Гулистон”, ки аз офати табиї зарар дида буданд, шинос гардида, барои бартараф намудани оќибатњои офати табиї маслињату тавсияњо дода, ба масъулини Кумитаи њолатњои фавќулодаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон супориш дод, ки барои барќарор намудани вазъи муътадили дења тамоми чорањоро андешанд. Дар идомаи сафари худ Ќоњир Расулзода ба дењаи Заркамари Љамоати дењоти ба номи Миралї Мањмадалиев омада, дар кушодашавии бинои иловагии муассисаи тањсилоти миёнаи умумии дења ширкат варзид. Кооперативи истењсолї-тиљоратии ба номи Мирзоалї Камол тасмим гирифт,
ки барои ин мактаб бинои иловагии дуошёна иборат аз 10 синфхона барои 260 нафар хонанда дар як баст месозад. Масъулини кооператив ва аъзои он ба ќавлашон вафо намуданд ва инак, бинои мактаб омода гардид. Ќоњир Расулзода лентаи рамзии ба истифода додани биноро бурида, ба омўзгорону хонандагон комёбињо орзу намуд ва њамчунин Сарвазири љумњурї ба ањли кооперативи ба номи Мирзоалї Камол барои ин амали хайрашон изњори ташаккур намуд. Соњибкорони муваффаќи Љамоати дењоти ба номи Миралї Мањмадалиев фаъолияти хубу саховатмандии баланд нишон медињанд. Аз љумла дар дењаи Заркамар бо ташаббуси онњо бинои Маркази саломатї сохта шуда, бо љињози тиббї таъмин гардид. Тавассути ин амали нек дар ин љо 18 нафар табибон соњиби љойи кор гардиданд. Аз ин миќдор табибон 2 нафарашон соњиби маълумоти олї ва 16 нафари дигар соњиби маълумоти миёнаи тиббї мебо-
шанд. Акнун дигар эњтиёљмандони дења ниёзи худро дар њамин љо бароварда мекунанд ва эњтиёљ ба љойи дигар рафтан надоранд. Сарвазири љумњурї дар ифтитоњи бинои маркази мазкур низ ширкат варзида, ба табибон фаъолияти хубу пурсамарро ба нафъи мардуми диёр орзу намуд. Сарвазири љумњурї бо пири кор, устоди пахтаи љумњурї, собиќ вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии кишвар, раиси хољагї, собиќ раиси ноњия Ќурбон Мирзоалиев њамсуњбат гардида, аз зиндагї, рўзгор ва набзи дењаю мардум пурсон шуда, барои амалњои саховатмандонааш изњори ташаккур намуд. Худи њамон рўз вазири молияи
Љумњурии Тољикистон Файзиддин Ќањњорзода ва раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар маросими ифтитоњи бинои муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №2-и дењаи Арал, ки аз нав пурра таъмиру барќарор карда шудааст, иштирок намуданд. Бинои мазкур яке аз аввалин мактабњои ноњия буда, ба таъмиру тармим эњтиёљи зиёд дошт. Инро ба назар гирифта, аз тарафи Њукумати љумњурї аз нав таъмиру тармим гардид. Њамчунин мактаб бо васоити таълими имрўза љињозонида шуд. Дар муассисаи мазкур айни замон 1620 нафар хонанда таълим мегирад. Хонандагони мактаб ва сокинони ноњия барои фароњам овардани шароити хуби таълим барои фарзандонашон ба давлату Њукумати љумњурї, алалхусус Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон изњори ташаккур намуданд. Њамчунин вазири молияи Љумњурии Тољикистон Файзиддин Ќањњорзода ва раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар тантанаи ифтитоњи маркази хизматрасонии «Эњсон», иборат аз мењмонхона барои 25 нафар бо тамоми шароитњои зарурї муљањњаз, ошхона, китобхона, маркази таълимии адрасу атласбофї иштирок намуда, ба кори он оѓоз бахшиданд. Дар маркази мазкур 32 на-
фар љавонон соњиби љои кор гардиданд. Сипас, мењмонон ба дењаи Кадучии Љамоати дењоти ба номи Мирзоалї Вайсов омада, дар тантанаи ба истифода додани бинои нави иловагии мактаби №6 ширкат варзида, њамчун рамзи оѓози истифодаи бинои мактаб лентаи рамзиро буриданд. Сокинони дења, омўзгорону хонандагон барои ѓамхорињои пайвастаи Сардори давлат нисбати насли наврас ва љавонон изњори ќаноатмандї намуда, ба мењмонони ифтихории дењаи Кадучї Файзиддин Ќањњорзода ва раиси вилоят Ќурбон Њакимзода изњори сипос намуданд. Наљот Сафарзода, “Хатлон”
Пушинг мактаби таљрибаи пешќадам барои ободкорињо
Дар асоси дастуру њидоятњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо фаъолони вилоят дар ноњияи Данѓара 24 майи соли 2019 семинари омўзишї дар мавзўи “Наќши ањли љомеа дар омодагї ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон” дар мисоли дењаи Пушинги Љамоати дењоти “Пушинг”-и ноњияи Данѓара бо иштироки раисони љамоатњои дењоти шањру ноњияњои вилоят багузор гардид. Сараввал бо иштирокчиёни чорабинї дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Данѓара љамъомад доир гардид. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ва роњбари дастгоњи раиси вилоят Ѓазалшо Сафарзода оид ба иќдомњои неки соњибкорони мањаллї, сокинони ноњияи Данѓара, аз љумла Љамоати дењоти “Пушинг” сухан ронда, таъкид карданд, ки дар доираи иљрои наќша-чорабинињо дар ноњия бунёди 300 иншооти ањамияти муњимдошта дар назар аст. То ин дам беш аз 100 иншоот мавриди бањрабардорї ќарор гирифтааст. Аз љумла дар Љамоати дењоти “Пушинг”, ки дорои 15000 ањолї мебошад, корњои бунёдкориву созандагї ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон вусъати тоза пайдо намудааст. Ин буд, ки иштирокчиёни семинар сараввал аз роњи мошингарди шоњроњи Данѓара-Пушинг дидан намуданд. Роњи мошингарди ДанѓараПушинг ба масофаи 18 километр мавриди истифода ќарор дода шудааст. Тавре ки равшан гардид, дењаи Пушинг соли 1932 таъсис ёфта, айни замон
аз 8 дења: Пушинг, Паркамчї, Ѓиљовак, Алиљон, Моњпора, Дилнишин, Шаршар ва Оличадара иборат мебошад. Иштирокдорони семинар аз варзишгоњи ноњия дидан намуданд. Варзишгоњи тозабунёд барои 2500 љойи нишаст сохта шуда, минбаъд варзишгарон бе ягон душвориву мањдудият мусобиќањоро метавонанд дар ин љо доир намоянд. Барои иштирокчиёни семинар пеш аз њама мањаллаи њунармандон, ки дар шафати варзишгоњ бунёд ёфтааст, писанд афтод. Дар ин раста њунармандон мањсули њунари дастони хешро ба фурўш бароварданд. Чакану гулдўзињои наќшин. армуѓонњои гуногун, асбобњои мусиќиву заргарї ва ѓайра аз њунари волои сокинони дењоти Пушинг њикоят мекард. Сипас, раисони љамоатњои дењот аз мактаби тозабунёди њозиразамони №5 дидан намуданд. Мактаби мазкур низ бо иќдоми соњибкорони мањаллї, шахсони ватандўст ва ватансоз барои 1520 нафар хонанда бо 30 синфхонаи барњаво, маљлисгоњ, толору майдончаи варзишї бунёд гардидааст. Дар ин муассисаи таълимї барои фаъолияти омўзгорону донишандўзии толибилмон тамоми шароит муњайё мебошад. Маркази саломатии азнавсозишуда ва таваллудхонаи муосири муљањњаз бо тамоми таљњизоти навбунёд дар хизмати ањолї ќарор дорад.
Баргу сози коинот аз Вањдат аст, Андар ин олам њаёт аз Вањдат аст. Вањдат бењтарин ва пурарзиштарин дастоварди мардуми тољику тољикистонї ба шумор меравад, ки бо азму талош ва худфидоињои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст омадааст. Имрўз самараи Вањдати миллиро дар њар ќадам дарк менамоем. Њамагон зери осмони софу беѓубор рўзгори пурнишот ба сар дорем. Ноњияи Балљувон низ аз баракати Истиќлолият ва Вањдати миллї шукуфон, ободу зебо гардидааст. Субњи 22-юуми июни соли равон, ваќте ки аз ноњияи Балљувон дидан менамудем, аз њар як гўшаи ин мавзеи таърихї ва ќадима садои техникаи пуриќтидор ва олоти пармагар ба гўш мерасид. Амсоли тешаи пўлодини Фарњоди кўњкан сангњоро рахна намуда, ба ин мавзеъ ободиву шукуфої њадя менамуд. Дар воќеъ, агар нафаре ду-се моњ ќабл аз ноњияи Балљувон дидан намуда бошад, имрўз вориди ин ноњия гардад, бовараш намеояд, ки тайи се-чор моњи охир дигаргунињои бузурге ба вуљуд омадааст. Амсоли ободонии мавзеи Пушинги ноњияи Данѓара дар ин ноњия низ корњои ободониву бунёдкорї бо иќдоми соњибкорони ватанї, фарзандони ватандўсти кишвар вусъати тоза касб намудааст. Раиси вилоят зимни сафари корї аз ноњияи Балљувон бо рафти корњои сохтмонї, ободонї шинос гардида, бо масъулину сохтмончиён суњбат орост. Азнавсозии роњи автомобилгард Кангурт-Балљувон-Ховалингро бо њам пайваст Дар њаќиќат, ваќте ки аз ноњияи Данѓара љониби Кангурт равон
мегардед, роњи њамвору мумфарш њам барои ронандагон ва њам мусофирон кайфияте мебахшад. Роњи Кангурт-Балљувон-Ховалинг низ баъди азнавсозињои зиёд барои равуои наќлиёт ва мусофирон ќулай ва роњатбахшанда буд. Сохтмони роњи мазкур њанўз моњи апрели соли 2018 оѓоз гардида, аз љониби
Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон маблаѓгузорї гардидааст. Корњои сохтмониро ширкати «Чайн Роунд»-и Љумњурии мардумии Чин ба уњда дошта, 80 фоизи мутахассисон сокинони ноњияи Балљувон мебошанд. То ин муддат зиёда аз 60 фисади корњо дар ин иншоот анљом ёфтааст. Техникаи пуриќтидор, сохтмончиёни ватандўст, шабонарўзї зањмат кашида истодаанд, ки роњи автомобилгарди Кангурт-Балљувон-Ховалинг то моњи августи соли равон мавриди бањрабардорї ќарор ёбад. Дар њаќиќат, бунёди роњњои мазкур барои рањої аз бунбасти коммуникатсионї, ки њадафи муњиму стратегии роњбарияти
монда буданд, бењтарин нахњо суфтаю омода гардидаанд. «Дасти инсон гул аст», дар њаќиќат, аз ин шоњкорињои коргарон тавассути дастгоњњои њозиразамон гўшаву канори диёр ободу садњо манзилњои нав бунёд мегардад. Иќтидори истењсолии солонаи коргоњ 15000 метри мукааб мебошад. Коргоњи коркарди сангњои ороишии ЉДММ “Элегант” дар дењаи Калтачинори Љамоати дењоти “Тољикистон” љойгир буда, майдони он 2,41 гектарро ташкил медињад. Айни замон як ќисмати корхона барои кор омода шуда, корњо дар дигар ќисматњои он босуръат љараён дорад. Дар замини (Давомаш дар сањ. 3)
Боварї дорем, ки баргузории чунин семинари омўзишї љињати ривољи корњои бунёдкориву ободонї ва, муњим аз њама, бањри рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї заминаи мусоид фароњам меоварад. А. Сафарова, «Хатлон»
Дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањри Левакант бунёди як ќатор иншоотњои маъмурию маишї ва хизматрасонї ба наќша гирифта шудааст. Дар арафаи љашни Вањдати миллї дар вазъияти тантанавї бинои маъмурии САЊШ, нотариати давлатї ва маркази њуќуќию машваратї дари хешро барои њамагон кушод. Дар ифтитоњи бинои марказии адлия раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, раиси шањри Левакант Заррина Давлатзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, намояндаи Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон Бегиљон Одиназода, фаъолону роњбарони ташкилоту муассисањои шањр иштирок доштанд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода њозиринро ба муносибати Рўзи Вањдати миллї табрик гуфта, иброз дошт, ки дар заминаи наќшачорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ба истиќболи бошукўњи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноти гуногун дар шањру ноњияњои вилоят дар назар аст. То ин дам беш аз 2 њазор иншоот мавриди истифода ќарор ёфтааст. Бунёди бинои САЊШ дар шањри Левакант бори дигар аз самараи неки Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва Вањдати миллї, хизматњои арзандаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон шањодат медињад, - ироа дошт раиси вилоят ва таъкид кард, ки љавобан ба ин ѓамхорињои Президенти Љумњурии Тољикистон бояд њамагон бо мењнати арзанда обод-
корию созандагињо камар бубандем. Кўшиш намоем, ки гўшаву канори ватани азизро шукуфою дилрабо гардонем. Дар ин лањзањои гуворо дар вазъияти тантанавї ба чор нафар тифлони навзод шањодатномаи таваллуд ва туњфањои моддї супорида шуд. Њамчунин, 2 љуфт љавонони хуштолеъ аз ќайди никоњ гузашта, ба њаёти мустаќилона ќадам нињоданд. Раиси вилоят ба тифлакони навзоду волидайнашон ва оилањои љавон тансињатї, рўзгори босаодату умри бобаракат таманно намуд. Тавре ки масъулини Раёсати адлияи вилоят баён доштанд, бинои мазкур ба маблаѓи 1 миллиону 400 њазор сомонї бунёд гардида, аз 12 њуљраи корї иборат аст ва то ин дам дар њошияи сиёсати ободгаронаю созандаи Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон 16 адад бинои хизматрасонии адлия дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон бунёд ва мавриди бањрабардорї ќарор дода шудааст. Њамзамон бо ширкати раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар шањри Левакант барои оѓози сохтмони 2 бинои истиќоматии 5-ошёна санги асос гузошта шуд. Тавре ки масъулин баён доштанд, харљи лоињавии сохтмони биноњои мазкур беш аз 10 миллион сомониро дар бар мегирад. Раиси вилоят барои боз њам хубтару босифат иљро гардидани корњои сохтмонї, аз љумла гулгашту гузаргоњњо маслињатњои муфид дод. ВАХШОНА, “Хатлон”
7 рЎзи ХАТЛОН
Ободии Балљувон аз баракати Вањдати миллї аст
Њукумати Љумњурии Тољикистон ба шумор меравад, заминаи мусоид мегузорад. Бунёди роњњои мошингарди Душанбе-Бохтар, Кўлоб-Шўробод-Дарвоз аз самараи неки Вањдати миллї ба њисоб меравад. Айни замон корњои сохтмонї дар роњи мошингарди Кангурт-Ховалинг вусъат ёфта истодааст.
Левакант: Бунёди 64 иншоот то љашни истиќлол
Њамин тавр, иштирокдорон аз боѓи Парчам, Нишон низ дидан намуда, боѓи фарњангиву фароѓатии дорои 4 суњбаткада, 4 кат ва 30 курсї ва њавзи моњипарварї диќќати њозиринро ба худ љалб кард. Њадаф аз баргузории семинари вилоятї дар ин мавзеъ, ќабл аз њама, шиносої пайдо намудан ба корњои ободониву бунёдкорї ва сањмгузории ањолии дењот ва соњибкорони мањаллї дар ин раванд мебошанд. Баъди боздид аз хољагии дењќонии “Њољї Лайло”, мењмонхонањо ва маркази сайёњї, воќеъ дар дењаи Ѓарѓараи Љамоати дењоти “Корез”, маркази хизматрасонии маишии “Файзи Карим” иштирокдорони чорабинї ба маркази фароѓатии “Хуррамшањр”-и ноњия роњсипор гардиданд. Раисони љамоатњои дењот аз ин тозакорињо ободониву бунёдкорињо як љањон маънї бардоштанд. Яъне, дар њамкорї бо ањолї ва соњибкорони мањаллї метавон њар як гўшаву канори вилояту љумњуриро дар муддати начандон тўлонї њамсони Љамоати дењоти “Пушинг” ободу зебо гардонд.
Нури Вањдат тољиконро тољбарсар кардааст.
Ободии Балљувон аз баракати Вањдати миллї аст
Корхонаи коркарди сангњои мањаллии ЉДММ “Элегант” Бунёди коргоњи коркарди сангњои ороишии ЉДММ “Элегант” дар ноњияи Балљувон яке аз дастовардњои Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва Вањдати миллї ба шумор меравад. Дар ин корхона мутахассисони варзида аз сангњои одии кўњистон тахтасангњои зебову ороишї сохта, пешкаши мизољон мегардонанд. Њангоме ки аз ин коргоњ дидан намудем, дар њаќиќат, ба кормандон ва мутахассисони он ањсан хондем. Аз санги оддї, ки асрњои аср дар ноњияи Балљувон хуфтаву бе истифода
3
ХАТЛОН
Чоршанбе, 26 июни соли 2019, №26 (3211)
назди корхона боѓи интенсивї бунёд карда шудааст, ки дар зери нињолњои навбар полезиву дигар мањсулоти кишоварзї парвариш намуда истодаанд. Њамчунин дар назди корхона гулњои гуногуни ороишї низ шинонда шудааст. Корњои сохтмонї дар корхонаи мазкур то охири соли равон ба анљом расонида мешавад. Дар сурати ба истифода дода шудани иншооти мазкур беш аз 20 нафар соњиби љойи кори доимї мегардад. «Ганљи дарё» коргоњи дўзандагї бунёд мекунад Дар доираи наќша-чорабинињо бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сохтмони корхонаи дўзандагї аз љониби ЉДММ “Ганљи дарё” босуръат идома дорад. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, айни замон 70 фоизи корњои сохтмонї ба анљом расидааст. Корњои бунёдкорї дар ин иншоот аз моњи ноябри соли 2018 оѓоз гардида, арзиши умумии бино наздики 2 миллион сомониро дар бар мегирад. Иншооти мазкур низ тибќи наќша дар моњи августи соли равон мавриди истифода ќарор дода мешавад. Баъди ба кор оѓоз намудани коргоњи мазкур, пеш аз њама, таъминоти толибилмон бо сару либоси мактабї низ роњи њалли хешро меёбад. Гулгашт ва боѓи фарњангї барои сокинон Тавре ки дар оѓоз ёдовар гардидем, аз њар як гўшаву канори ноњияи Балљувон садои наќлиёту техника ва олоти сохтмонї ба гўш мерасид. Дар доираи наќшаи чорабинињо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатї сохтмони гулгашт ва боѓи фарњангї босуръат идома дорад. Корњои сохтмонї дар ин мавзеъ аз љониби роњбари гурўњи корї Давлатзода Нусратулло ва директори ЉДММ “Элегант” Муъминов Абдулањад маблаѓгузорї гардидааст. Айни замон 85 фоизи корњо дар ин гулгашт ва 15 фоизи корњо дар боѓи фарњангї ба анљом расидааст. Дар
воќеъ, гулгашти зебо ва нињолони ороишї ба ќалби кас фарањ мебахшанд. Дар ду љониби гулгашт сохтмони биноњои маъмурї бомаром рафта истодааст. Як шањраки тозабунёде дар миёни кўњњои сарбафалаккашидаи Балљувон, рў ба рўи ќалъаи Мири таърихї, ќомат афрохта, ба њусни ин мавзеи зебоманзари кўњистон њусни тоза зам намудааст. Гулгашт бо сафолакњои ранга ороиш ёфта, мисли ќолини пурнаќшу нигор, ки беш аз 2 километрро дар бар мегирад, доман афрохтааст. Гулгашт дар моњи августи соли равон ва боѓи фарњангї соли 2020 мавриди истифода ќарор меёбад. Дар ин боѓи фарњангї низ бо маблаѓи беш аз 1 миллион сомонї барои фароѓати шањрвандону љавонон, бахусус кўдакон чархофалак гузошта мешавад. Балљувон тарњи дигар мегирад Маркази савдо ва хизматрасонї низ бинои баландошёна буда, аз љониби соњибкори мањаллї Шуњрат Тешаев бунёд ёфта истодааст. Корњои сохтмонї дар ин иншоот моњи сентябри соли 2018 оѓоз гардида, айни замон 80 фоизи корњо анљом дода шудааст. Дар ин бинои сеошёна таъсиси марказњои савдо, ошхона, мењмонхона ва дигар нуќтањои хизматрасонї пешбинї шудааст. Толори варзишї низ аз љониби раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Шермуњаммади Шоњиён бунёд гардида, арзиши умумии он зиёда аз 3 миллион сомониро дар бар мегирад. Сохтмони осорхонаи ноњиявї бо маблаѓгузории буљети мањаллї тавассути шуъбаи сохтмони асосии ноњия сурат гирифта, арзиши умумии бино зиёда аз 8 миллион сомониро ташкил медињад. Яке аз рўйдодњои фарањбахше, ки дар ноњияи кўњистон ба чашм расид, сохтмони варзишгоњ барои 6 њазор љойи нишаст дар маркази ноњия бо маблаѓгузории дирексияи сохтмони иншоотњои њукуматии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон мебошад. Иншооти мазкур дар
доираи наќша-чорабинињо бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёд мегардад. Аз љониби соњибкор Алихон Неъматов бунёди тарабхона суръати тоза пайдо намудааст. Корњои сохтмонї дар иншооти мазкур моњи августи соли 2018 оѓоз гардида, арзиши умумии лоињавии бино зиёда аз 2 миллион сомонї мебошад. Бинои дуошёнаи боѓчаи кўдакона дар дохили кўдакистони амалкунандаи №1 барои 200 нафар кўдак сохта шуда истодааст. Маблаѓгузории иншоот аз њисоби буљети мањаллї буда, арзиши лоињавии бино наздики 3,5 миллион сомониро ташкил медињад. Тавре ки масъулин иброз доштанд, иншооти муњими хољагии халќ то охири соли равон мавриди бањрабардорї ќарор дода мешавад. Сохтмони бинои бойгонї низ босуръат рафта истодааст. Маблаѓгузории иншоот аз њисоби буљети мањаллї сурат ги-
рифта, арзиши умумии бино зиёда аз 2,5 миллион сомонї мебошад, дар бар мегирад. Дар ноњияи Балљувон айни замон сохтмони беш аз 30 адад иншооти њаётан муњими хољагии халќ босуръат идома дорад. Дар њар ќадам корњои бунёдкориву созандагї ба чашм расида, ба дилњо фарању ба чашмон нур мебахшад. Воќеан, ин дастовардњо, бунёдкорињо аз Вањдати миллї ва Истиќлолият сарчашма гирифтаанд. Вањдати миллї низ дар баробари Истиќлолият арзиши олї дошта, заминагузори ободиву шукуфоии ватани мањбуб мебошад. Њаќ бар љониби Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Эмомалї Рањмон аст, пайваста таъкид медорад: “Вањдати миллї дар баробари истиќлолият арзиши муќаддасу бебањои љомеаи мо ба њисоб меравад ва пешрафти њама љонибаи тамоми соњањои њаёти љомеа, бењтар шудани сатњи сифати зиндагии мардум, ободии ватан ва ояндаи давлати соњибистиќлол ва давлатдории миллиамон бево-
сита ба вањдату ягонагии халќи Тољикистон ва сулњу субот вобаста мебошад”. Оре, бори дигар эњсос намудем, ки вањдату якпорчагї, сулњу амонї, дўстї, арљ гузоштан ба муќаддасоти миллї самарабахши рўзгори њамагон аст. Сипоси ќадри инсон кори нек аст Рўзи 22 июни соли равон, тавре ки таъкид доштем, раиси вилоят Ќурбон Њакимзода љињати шиносої аз рафти корњои сохтмонї, омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз ноњияи Балљувон дидан намуданд. Дар баробари шиносої аз рафти корњои сохтмонї дар роњи автомобилгарди Кангурт-БалљувонХовалинг, рафти корњои ободонї дар маркази ноњия, маркази савдо ва хизматрасонї, толори варзишї, осорхона, варзишгоњ, тарабхона, боѓчаи кўдакона, бинои идораи
бойгонї, коргоњи дўзандагї, гулгашт ва боѓи фарњангї ва рафти омодашавии корхонаи коркарди сангњои мањаллии ЉДММ “Элегант”, њамчунин ба аёдати собиќадорони мењнат Хонигул Дўстмуродова, Астонаќул Нуров ва Камол Абдуллоев рафт. Зимни суњбат бо собиќадорон Хонигул Дўстмуродова иброз дошт, ки соњиби 8 фарзанд буда, онњоро дар рўњияи ватандўстї, мењнатпарастї тарбия намудааст. Ин модари мењрубон аз он изњори хушнудї намуд, ки бо иќдоми Роњбари давлат солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардидааст. Ин иќдом имкон медињад, ки љавонон касбу њунарњои мардумиро аз худ кунанд ва бањри рушди он кўшиш ба харљ дињанд. Хонигул Дўстмуродова яке аз занњои њунарманди ноњияи Балљувон ба шумор меравад. Сањни њавлї ва хонаи ин модари мењрубон аз њунари волояш гулистонро мемонд. Кўрпаю болин, чодарњои ќуроќї, ки мањсули дастони
шида ба 22-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї баргузор гардид. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни суханронї сокинони ноњияи Данѓара, коллективи омўзгорону устодон ва донишљўёни Донишгоњи давлатии Данѓараро ба муносибати 22-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї- санаи сарнавиштсози миллату давлат табрик гуфт. Номбурда аз хизматњои арзандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба имзорасии Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ёдовар гардида таъкид дошт, ки садњо мулоќоту музокирањо ба анљом расид, то ин ки созишномаи мазкур ба имзо расад. Њамагон гузаштаи талхи таърихи мардуми тољику тољикистониро хуб дар ёд доранд. Садњо њазор нафар гурезаву њазорњо хона валангор гардида буд. Шукронаи Вањдати миллї, хизматњои ар-
Сулњу вањдат бошад, ободї њам мешавад Дар арафаи Рўзи Вањдати миллї дар ноњияи Данѓара бо иштироки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва раиси ноњияи Данѓара Исломиддин Хайриддин як ќатор иншооти љашнї мавриди истифода ќарор гирифт ва санги асос ба сохтмони дањњо иншооти дигар гузошта шуд. Дар дењаи Тољмањали Љамоати дењоти “Лоњур” бо иштироки роњбари вилоят ва раиси ноњия маркази саломатї ва майдончаи варзишї ифтитоњ гардид. Њамчунин дар ин мавзеъ барои сохтмони маркази хизмати маишї, њаммом бо сартарошхона, кошонаи њусн ва њавзи хурди шиноварї санги асос гузошта шуд. Сипас, љињати дар амал татбиќ гардидани амнияти озуќавории мамлакат бо иќдоми соњибкори ватанї Ќиёмиддин Ѓиёсиддинов дар дењаи Хоља Шаќиќи Балхии Љамоати дењоти “Себистон” бањри бунёди фабрикаи парандапарварї санги асос гузошта шуд. Баъди мавриди истифода ќарор ёфтани фабрикаи парандапарварї ањолї бо гўшти парњезї таъмин мегардад. Дар ин баробар дањњо љойи нави корї барои сокинони мањал муњайё мешавад. Њамчунин, дар вазъияти тантанавї майдончаи варзишии универсалї бо љойи бозии кўдакон дар дењаи Данѓараи болои Љамоати дењоти “Корез” ба фаъолият оѓоз намуд. Дар даромадгоњи Донишгоњи давлатии Данѓара мењмонон аз намоиши дастовардњои зањматкашони ноњия шинос гардиданд. Дар толори Донишгоњи давлатии Данѓара бо иштироки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва Исломиддин Хайриддин чорабинињои тантанавї ва фарњангї бах-
зандаи Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки њама вазнинињо паси сар гардида, рўзгори сокинони ватани азизамон рў ба бењї нињод. Вайронањо обод, ќалбњо шод гардид. Њамин тавр, раиси вилоят њамагонро ба Рўзи Вањдати миллї санаи муњими таърихї дар бунёди давлати соњибистиќлоли Тољикистон табрик гуфт. Барномаи њунарии ањли санъат љаъомади идонаро шањомати хоса бахшид. ВАХШОНА «Хатлон»
муъљизаофараш буданд, хело зебову диданї буд. Камол Абдуллоев, сокини њамин ноњия, ба синни 91 расида, зиёда аз 40 соли умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст ва дар рушди соњаи маориф сањми беандоза гузоштааст. Хизматњои содиќонаву поквиљдононааш ўро миёни ањли љомеа соњибэњтиром намудааст. Астонаќул Нуров низ зодаи њамин ноњия умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соњањои иљтимої кардааст. Имрўз низ ба њайси мутахассис дар китобхонаи марказии ноњия фаъолият дорад. Аз Амри Президенти мамлакат љињати эълон гардидани озмуни “Фурўѓи субњи доної...” шоду мамнун гардида, изњори сипос намуд, ки сафи муштариён дар китобхона боз њам зиёд гардидааст. Ба китобу дониш рў овардани њамагон имкон медињад, ки насли наврас ва љавонон дар рўњияи ватандўстиву ватансозї тарбия ёбанд,-ироа дошт Астонаќул Нуров зимни суњбат бо раиси вилоят. Роњбари вилоят ба ин пирони рўзгордида кумаки моддиву молиявї расонид. Ёдовар мешавем, ки тибќи дастури раиси вилоят њар њафта рўзњои шанбе рўзњои ќабул ва аёдати собиќадорону ниёзмандон эълон гардидааст. Пас аз мулоќот ва шиносої бо рафти корњои сохтмонї бо ширкати раиси вилоят дар ќасри фарњанги ноњияи Балљувон ќабули шањрвандон ва мулоќот бо фаъолони ноњия баргузор гардид. Сокинони ноњия Исматулло Муродов, Соњибназар Муродов, Абдувалї Рањмонов, Маърифат Мирзошоева, Давлат Набиев, Хайрулло Толибов, Исмоналї Муродов, Сайфиддин Ризоев, Љамахон Ѓуломов, Холањмад Саидов ва дигарон доир ба масъалањои вобаста ба таъмини оби нўшокї, таъмири роњу азнавсозии муассисаи таълимї, сохтмони пули одамгузар, сохтмони бинои филиали “Амонатбонк”, бунёди маркази саломатї, бунгоњи тиббї ва пахши мављи телевизиони «Хатлон» дар ќаламрави ноњия ба раиси вилоят Ќурбон Њакимзода мурољиат намуданд. Роњбари вилоят бањри њаллу фасли масъалањои пешнињодгардида ва арзу ниёзи сокинони ноњияи Балљувон ба масъулини дахлдори вилоят дастуру супоришњои мушаххас дод. Сипас, раиси ноњияи Балљувон Маърифат Зоирзода оид ба натиљањои иќтисодиву иљтимоии ноњия њисобот дод. Раиси вилоят ба масъулини соњањои иќтисодиву иљтимоии ноњия љињати пешбурди фаъолият, њисоботњои даќиќи оморї супоришњои мушаххас дод. А. Сафарова, «Хатлон»
Нури умед Бо барќарор шудани сулњу субот дар кишвар нури умед ба дили мардуми сулњхоњи кишвар роњ ёфт. Роњ сўи бунёдкориву созандагї осон набуд. Ба мардуми кишвар лозим омад монеањои зиёди дохиливу берунаро пушти сар намуда, дар аксар соњањои њаёти љомеа ба пешравињо ноил шаванд. Дастовардњо дар њаќиќат калону беназиранд. Бунёди шоњроњи Кўлоб - Ќалъаи хумб - Кулма - Ќароќурум, роњи оњани Ќўрѓонтеппа - Кўлоб, Неругоњи барќи обии “Сангтўда”, наќбњои Анзоб, Шаршар, Чормаѓзак ва ѓайра гувоњи бунёдкорињо, созандагињо, ободињо дар кишвар мебошад. Ба истифода додани агрегати аввалини Неругоњи барќи обии “Роѓун” ба истиќлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуд. Хурсандибахш он аст, ки љомеаи љањонї, ба кишвари мо дасти кўмаку њамкорї дароз намуд. Тољикистон иштирокчии фаъоли созмонњои бонуфузи байналмилаливу минтаќавї буда, дар њаллу фасли як ќатор масоили минтаќавї ва байналмилалї сањм мегузорад. Њоло Тољикистон иштирокчии фаъоли Иттињоди минтаќавиву байналхалќї, ба монанди Иттињоди Давлатњои Мустаќил, Созмони њамкории Шанхай, Созмони Ањдномаи Амнияти дастаљамъї, Созмони њамкории иќтисодї ва ѓайра буда, кўшиш дорад тавассути ин њамкорињо масоили пешомадаи иќтисодиву сиёсиро њал намояд. Мо ба ин њама пешравињои назаррас тавассути вањдати миллї соњиб шудем. Бо иќдом ва кўшишњои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон 27 июни соли 1997 дар шањри Москва “Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон” ба имзо расида, ба љанги шањрвандї дар кишвар хотима бахшида, ба созандагиву бунёдкорї мусоидат намуд. Дар муддати кўтоњи таърихї мардуми Тољикистон зери Парчами вањдат ва худшиносии миллї муттањид гашта, дар бунёди љомеаи навини дунявї ќадамњои устувор гузоштанд. Тољикистон ба оламиён исбот намуд, ки танњо дар шаротити вањдати пурраи миллї метавон дар њамаи љабњањо ба дастовардњои арзанда ноил гашт. Имрўз мардуми Тољикистони азизро мебояд, ки сулњу оромии љомеаро, ки бар ивази кўшишњои зиёд ба даст омадааст, мисли гавњараки чашм њифз намоянд. Дарахти вањдат дар сарзамини мо сарсабз асту мевањои ширин медињад. Шукуфоии Тољикистон, тараќќиёти соњањои гуногуни он, хушњолии одамон аз оромию осоиштагї, дўстию рафоќат ва вањдати миллат аст. Сайид Ќурбонов, сокини Љамоати дењоти “Рўдакї”-и ноњияи Вахш
ЌАРОРИ ЊУКУМАТ ОИД БА ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ Њукумати Љумњурии Тољикистон дар Маркази татбиќи лоињаи обёрии заминњои водии Данѓара таѓйироти кадрї амалї кард. Президенти мамлакат, Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо тасвиби ќарори Њукумат роњбари Маркази татбиќи лоињаи обёрии заминњои водии Данѓара Бозорзода Иброњимро аз вазифааш сабукдўш намуд. Бо ќарори дигар рањбари нави ин марказ таъйин шуд. «Њакимзода Њотам Рустам роњбари Маркази татбиќи лоињаи обёрии заминњои водии Данѓара таъин карда шавад», - омадааст дар ќарори дигари Роњбари давлат Эмомалї Рањмон.
ТАЉЛИЛИ РЎЗИ ОЛИМПЇ ДАР ВИЛОЯТ Субњи 22 июн дар майдони Парчами давлатии шањри Бохтар дар доираи чорабинињои Рўзи олимпї бо иштироки њазорон сокини шањру вилоят машќњои пагоњирўзї баргузор гардид. Ќабл аз оѓози машќњои љисмонї муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода њозиринро ба Рўзи байналмилалии олимпї шодбош гуфт. Зикр гардид, ки њаракати олимпиро дар Љумњурии Тољикистон Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон роњбарї мекунанд ва Рўзи байналмилалии олимпї дар баробари сойири кишварњои сайё-
ра дар љумњурии мо низ њар сол дар сатњи баланд таљлил карда мешавад. Пас аз машѓулиятњои љисмонї, ки бо роњнамоии устодони варзиш иљро гардид, бо иштироки муовини раиси вилоят М. Хидирзода, собиќадорони соњаи варзиш ва варзишгарон ба хотири арљ гузоштан ба таъриху маданияти куњани халќи тољик ба пояи асосгузори аввалин давлати тољикон - шоњ Исмоили Сомонї гулчанбар гузошта шуд.
60%-И СЕМЕНТ ДАР ЁВОН ИСТЕЊСОЛ МЕШАВАД Дар 5 моњи соли 2019 аз љониби корхонањои соњаи масолењи сохтмонии кишвар ба маблаѓи 976,9 миллион сомонї масолењ истењсол шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 89,9 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар ин муддат аз он љумла 1,5 миллион тонна семент истењсол шудааст. Дар зиёд шудани истењсоли семент сањми ЉДММ «Чунгтсай Моњир семент»-и ноњияи Ёвон (32%) ва «Хуаксин Ѓаюр семент»-и ноњияи Ёвон (28%) назаррас мебошад. Дар ин давра ба Ўзбекистон 345,6 њазор тонна, Афѓонистон 246,1 њазор тонна ва Ќирѓизистон 24,4 њазор тонна (љамъан 619 њазор тонна) семент содир гардидааст. Истењсоли гаљкартон њамчун мањсулоти ивазкунандаи воридот ба 471,6 њазор дона баробар шуда, аз ин миќдор аз љониби ширкати «Ху Чан индустриал»-и ноњияи Ёвон 193,8 њазор дона ба љумњурињои Ўзбекистон, Ќирѓизистон ва Афѓонистон содирот карда шудааст. Интизор меравад, ки бо ифтитоњи корхонаи истењсоли шифер ЉДММ «Муќим-1» дар ноњияи Ёвон имсол истењсоли ин навъи мањсулоти сохтмонї низ афзоиш ёбад.
ДАНЃАРА. ТЕРМИНАЛ НАВСОЗЇ ШУД Бо ташаббуси соњибкори ватандўст Фирўз Раљабов дар ноњияи Данѓара терминали мусофиркашонї бозсозї гардид. Ба иттилои сарвари терминал Б. Муродов, терминал барои 150 воситаи наќлиёт пешбинї гашта, дорои ошхона, сартарошхона, нуќтањои дандонпизишкї, чиптафурўшї, суратгирхона, чопи реклама, маѓозаи тиљоратї ва хонаи модару кўдак мебошад. Он дар маркази ноњияи Данѓара ба маблаѓи беш аз як миллион сомонї навсозї шуда, дар он 36 сокини мањаллї бо кори доимї ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар
доираи наќшаи корњои созандагї њамчунин чанде пеш маркази дуќабатаи савдо ва хизматрасонии «Набиљон» дар дењаи Нурбахши дењоти Лолазор бо тамоми шароити замонавї ва бунгоњи тиббии дорои таљњизоти муосир дари худро ба рўйи мизољон боз кард. Дар дењаи Ѓарѓара бошад, мењмонхонаи замонавии сеошёна барои ќабули то 30 мењмон дар як ваќт ва маркази сайёњї-иттилоотї ќомат афрохтанд.
Љ. БАЛХЇ. БУНЁДКОРЇ ВУСЪАТ МЕЁБАД Умури сохтмонї дар корхонаи сементбарории «Моњир-семент», воќеъ дар ноњияи Љалолиддини Балхї 80 фисад ба иљро расида, тибќи лоиња, барои сохтмони корхонаи мазкур 360 миллион сомонї сарф хоњад шуд. Тавре ки аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия иттилоъ доданд, феълан дар ЉДММ «Моњир-семент» 120 нафар фаъолият намуда, дар як шабонарўз ду њазор тонна семент истењсол мешавад. Њамчунин, дар доираи наќшаи чорабинињо ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатї дар ноњияи Љ. Балхї варзишгоњ барои 15 њазор љойи нишаст сохта мешавад. Манбаъ афзуд, ки дар назди варзишгоњ инчунин бунёди гимназия барои кўдакони лаёќатманд ва боѓчаи кўдакона барои 330 нафар тарбиятгиранда низ дар назар дошта шудааст.
ДЎСТЇ. СОХТМОНИ МАЙДОНИ ПЎШИДАИ ВАРЗИШЇ Сохтмони асосии иншооти варзишї - майдони пўшидаи варзишї барои футбол дар маркази ноњияи Дўстї дар арафаи анљомёбї ќарор дорад. Њадаф аз бунёди ин иншоот дар амал татбиќ кардани супоришу дастурњо ва њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон љињати фароњам овардани шароити хуби истироњатию варзишї барои љавонон, ба варзиш љалб кардани шањрвандон, ба ин васила баланд бардоштани ахлоќи љомеа ва худдорї аз даст
задан ба корњои номатлуб мебошад. Ба иттилои соњибкор Саймуддин Саидов, арзиши лоињавии иншооти варзишии номбурда 365 њазор сомонї буда, дар тањхонаи он ошхона сохта мешавад. Дар ошёнаи якум ќабулгоњ, њуљрањои шустушўй, дар ошёнаи дуюм толори саќќобозї бунёд мегардад. Атрофи майдонча бо растаи гулњо зебу зинат хоњад ёфт.
ЊАМАДОНЇ. ХУШБИНИИ КОРШИНОСОН БА АФЗОИШИ ЊОСИЛ Мутахассисони раёсати кишоварзии ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї бо таъкид ба нашъунамои хуби пахта афзоиш ёфтани истењсоли онро дар мавсими имсола пешгўї мекунанд. Ба иттилои Мањдї Орифзода, сардори раёсати кишоварзии ноњия, раванди пайдоиши гулњои њосилдињандаи пахтазор дар дањаи аввали моњи июн дар хољагињои дењќонии «Абдурањмонљон», «Њољї Асомуддин» аз Љамоати дењоти «Ќањрамон», «Алибобо», «Хуршеди Бобољон» ва «Нуриддинињо»-и Љамоати дењоти «Даштигуло», «Зарафшон», «Панљ» ва «Рустамљон»-и Љамоати дењоти «Мењнатобод» аз њосилбандии хуб дарак медињад. Хољагињои калони дењќонї аз таљрибаи мубориза бо њашароти пахта бо истифодаи феремонњо кор мегиранд. Ќобили зикр аст, ки соли гузашта дар ноњия, новобаста ба тадбирњои андешидашуда, истењсоли пахта назар ба соли 2017 камтар шуд. Дар мавсими пор аз майдони 5600 гектар 9356,2 тонна пахта љамъоварї гардид ва њосилнокии пахта аз њар гектар 16,7-сентнериро ташкил дода буд.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj
4
ХАТЛОН
«Борњо гуфтаам ва бори дигар изњор медорам, ки ѓояи сиёсиву мафкуравии мо вањдат, ягонагї, худшиносиву худогоњии миллї, тањкими давлатдорї ва ободонии ватани азизамон мебошад». Пешвои миллат Эмомалї Рањмон Љумњурии Тољикистон њамчун давлати соњибистиќлол тањти роњбарии шахси хирадманд, Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рўзњои сангину нангинро паси сар карда, рў ба инкишофу тараќќиёт намуд. Солњои навадуми асри 20 барои њар як фарди тољики бонангу номус як давраи басо мушкилу пур аз љањду талош буд. Талошњои сиёсиву иќтисодї, ноил шудан ба њадафњои сулњпарварона, ватандўстиву ватанпарварї мардуми кишварро водор намуд, ки ба љанги хонумонсўз нуќта гузошта, дасти дўстї ва бародарї дароз намоянд. Бинобар ин, мањз 27 июни соли 1997 бо маќсади пойдор кардани фазои сулњу вањдат
ВАЊДАТ - ЯКДИЛЇ ВА ЯГОНАГЇ дар кишвари азизамон Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллиро Њукумати Љумњурии Тољикистон бо Иттињоди неруњои мухолифини тољик имзо карданд. Мањз ин санаи таќдирсоз бакуллї њаёти мардуми кишварро дигаргун кард. Мањз ризоият ва оштии миллї тавонист, ки њама гуна зуњуроти мухолифро љилавгирї намояд ва сулњу вањдатро пайгирї кунад. Дар ин талошњо фарзанди фарзонаи миллати тољик, марди бонангу номус, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тавонист мухолифинро ба сулњу вањдат моил созад. Ватандўстиву ватанпарварї хислати хоси тољикон буда,
пешгирии даргирињо байни људоихоњон ќарзи њар як марди бонангу номуси кишвар ба њисоб меравад. Пешвои миллат роњ сўи сулњу субот кушод ва кишвари азизамонро роњнамої кард. Њамасола 27 июн њамчун санаи таърихї ва таќдирсоз дар саросари кишвар чун рўзи Вањдати миллї љашну истиќбол гирифта, чун соли хотирмон ва расидан ба армонњои миллї ба некї ёд карда мешавад. Дар њаќиќат, ин сана дар таърихи миллати тољик бо њарфњои заррин сабт шуда, насли ояндаро огоњ месозад, ки халќи тољик бо роњбарии фарзанди фарзонаи худ, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД Тољикистон бо касби истиќлолият солњои љангу љидол ва пурошўберо аз сар гузаронд. Воќеањои хунини солњои навадуми асри бист аз он шањодат медоданд, ки душмани бадандеш аз вањдату њамдилии мардум воќиф набуд. Ва шояд фаромўш њам карданд, ки «об агар садпора гардад, боз бо њам ошност». Афроди нотарсу далеру ќавиирода ва фарзонаву миллатдўст аз миёнаи ин ќавм бархоста, ба умеди он ки миллати тољик љовидона дар олам бимонад ва ватан гаронбањотарин мероси аз ниёгон мондаро душманон соњиб нагарданд, љонбозињо карданд, то мардуми осоишта дубора дар фазои сулњу вањдату амониву осоиштагї умр ба сар баранд. Таърих нишон медињад, ки тањкими вањдат ва ягонагии мардум дар њама давру замон рушди давлатдорї, инкишофи илму маърифат ва расидан ба њадафњои олии миллиро дар љомеа таъмин месозад. Татбиќи босамари раванди сулњ, вусъати фазои боварї ба њамдигар Тољикистонро дар чанд соли охир ба самти нави рушд рањнамун кард. Низоми давлатдорї бар пояи меъёрњои муосири љањонї мустањкам шуд, мавќеи кишвар дар минтаќа ва љањон намоён гардида, эътибори он дар сатњи байналмилалї афзуд. Президенти кишварамон Эмомалї Рањмон гуфтааст: «Имрўз аз фарњанги сулњ ва рисолати сулњпарварї натанњо ояндаи кишвари мо, балки таќдири оян-
даи љомеаи башарї вобастааст. Аз ин лињоз мо, тољикон, ки таърихан миллати фарњангиву сулњпарвар њастем, њаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва мењнати созандаю бунёдкоронаро маќсаду мароми доимии худ ќарор дода, ба сўйи љомеаи шањрвандї ва тарзи зиндагии дунявї пеш меравем». Сулњ барои мардуми мо баробари истиќлолият муќаддас ва бебањост. Зеро мо собит карда тавонистем, ки миллати мутамаддин њастем ва њамчун кишваре,
Шукронаи сулњу вањдат мекунем - мегўяд Фарњод Султонов, сокини ноњияи Љайњун
Чунин ба назар мерасад, ки ба ќадри сулњу осоиштагии кишвар бештар аз њама пирони љангдидаю азияткашида мерасанд. Онњое, ки дањшати љангњои хонумонсўзро дидаанд, њар лањзаю соат даст ба дуои онанд, ки Вањдати миллї ва сулњ дар Тољикистон газанд набинад. Фарњод Султонови 81-сола низ дањшати љанги хонумонсўзро ба чашми сар дидааст. Агарчї ў имрўз дар фазои сулњу оромии кишварамон озодона умр ба сар мебарад, баробари шунидани вожаи љанг маѓзу устухонаш ба сўзиш омада, ашк аз дидањояш љорї мегардад. - Худо он рўзњоро ба сари њељ бандааш наорад - ба ёд меорад бобои Фарњод. - Ваќте нони хўрдан намеёфтем, њар гуна алафњоро љўшонида мехўрдем. Ана имрўз бубинед, ки чи ќадар нозу неъмат фаровон асту рўйи хони њар яки мо пур аз хўрданию нўшиданињост. Ин њама бо шарофати сулњу суботи кишвару мардони неруманди он аст, ки ватани худро аз бадкорињо њифз менамоянд. Бигзор, Тољикистони азизи мо як умр чун бањорон зебою дилкаш бимонаду марду-
маш инсондўсту мењмоннавоз ва оромии мамлакати мо пойдор бошад… - Дар солњои баъдї мардум бе пойафзол кори сањро мекарданд. Таги пойњо обила мекарду роњ гашта наметавонистем. Ба замми ин, барои тановули ѓизои нисфирўзї нони љавин, заѓораи макка мехўрдему рўњафтода намешудем. Умед доштем, ки рўзе мерасаду ин њама мушкилињо анљом меёбад. Аз љониби хољагї барои отала пухтан њар рўз як миќдор орди гандум медоданд… Бобои Фарњод мегўяд, ки ин мисолро барои насли наврас овард, то бифањманд, ки он ваќт одамон ба њама азобњои бенонї, ѓурбату харобкорї тањаммул карда, барои таъмини хушбахтии имрўзаи онњо љоннисорї кардаанд. «Фаромўш набояд кард, ки ин нозу неъмате, ки имрўз дорем, мањз аз файзу баракати вањдат аст. Сулњу субот, аёми созандагї, рўзњои нек фаро расидаанд, њама аз пайи зиндагї, ободкорианд. Бо кўшишу талошњои Сарвари мамлакат Эмомалї Рањмон алангаи љанг хомўш гардид. Вазъ ба эътидол омад. Гурезањо як-як, гурўњ-гурўњ ба макони зист бар-
ки аз рўзњои мудњиш ва сахт гузаштааст, хоњони сулњем. Вањдату ягонагї њамеша, дар њар давру замон, масъалаи асосии арзиши давлату миллат шуморида мешуд. Зарурати вањдати миллї ва дар њаёт бо њам зич пайваста будани одамон аз љониби шайх Саъдии Шерозї бисёр хуб баён шудааст: Банї одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавњаранд. Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвњоро намонад ќарор. Ин суханони пурњикмат ва пандомези Саъдии бузургвор то ба имрўз ањамияти худро гум накардаанд. Њоло мардум ба фардои рўзгори худ ва ояндаи Ватан дилпурона ва бо эътимоди ќавї нигоњ мекунанд. Њоло метавонем бо ифтихор гўем, ки сулњу суботи тољикон боиси дар арсаи байналмилалї боло рафтани обруи Тољикистони соњибистиќлол ва тањкими нуфузу мавќеи он дар миёни љомеаи љањонї гардидааст. Дигар ин кохи азим – Вањдати миллї - на аз боду борон, на аз тири сўзон, на дуои душманон осеб нахоњад ёфт. Њамакнун миллати мо, ба ќавли Лоиќи зиндаёд, медонад: Илољи иллати носури миллат Ба љуз вањдат, ба љуз вањдат набошад. Шањноза ЮСУФОВА, мушовири МДТТ №16-и шањри Бохтар ба номи “Кабўтар”
гардонида шуданд», - меафзояд бобои Фарњод. Гоње чунин ба назар мерасад, ки баъзе љавонони аз дањшати љанг бехабар дар замони тинљию осоиштагї ба сар мебаранд, чї будани љангу оќибатњои дањшатбори онро дарк намесозанд. Сулњу субот, оромию амнияти кишварро нодида мегиранд ва фирефтаи гурўњњои ифротию иртиљої шуда, тарки ватан мекунанд. Инсони соњибхирад, баръакс, дар њар як гуфтораш шукргузорї аз оромию осудагии кишвар ва пойдории вањдати миллї мекунад. Дар њаќиќат, имрўз рўзгори мардуми мо тинљу осуда аст. Зиндагї ба худ ранги тару тоза гирифтааст. Ба њар гўшае, ки назар афканї, дил аз шодї лабрез мегардад. Ин њама пешравї, зиндагии осоишта, албатта, аз файзу баракати сулњу вањдат аст. Мањз аќли солим ва якдигарфањмї буд, ки мо ба чунин рўзњои фарањбахш расидем. Пас, меарзад, ки мо дар њама њолат ба ќадри чунин осоиштагї, шукуфої ва хуррамї бирасем ва нагузорем, ки ба миллату ватан осебе расад. Зеро ин рўзгори хуш ба осонї моро насиб нашудааст. Комрони БАХТИЁР, Сорбони САЙМУРОД, Саидрезвон РАЊМАТЗОДА
ЊАР КЇ БО ДУШМАНИИ ХАЛЌ РАВОН АСТ ЧУ БАЊР… Дар Тољикистони мањбуби мо дар мубориза бањри ба даст овардани сулњи бебозгашт ва вањдати миллї њазорон нафар љон бохтанд, њазорон нафари дигар беному нишон гум шуданд, њазорони дигар дар мулки бегона маскан гирифтаву соњиби хонаву дар гардиданд, аммо нафарони дарватанмонда дар дилњои хеш умед мепарвариданд, то сулњ ба Ватан боз ояду онњо низ аз њавои мусаффои Ватан озодона нафас бигиранд, аз оби чашмањои он нўш кунанд ва дар Ватани аљдодї зиндагии осудањолона ба сар баранд. Ин турфа одамони наљиб, ки ба ояндаи дурахшон бовар доштанд ва ба умеди фарорасии рўзи саид шуълаи умедро дар дилњои хеш фурўзон нигоњ медоштанд, охируламр ба муроди дил расиданд. Фарзандони боњиммати миллати шарафманди тољик бо аќли расо, неруи бузурги созанда ва файзу баракати беќиёси худододашон тавонистанд, ин миллатро аз олами љоњилият берун кунанд ва ба оламе, ки бо нури маърифату хирад чароѓон гардидааст, рањсипор намоянд. Агар солњои 1992-97, замоне ки љанги шањрвандї дар Тољикистони мањбуби мо дар ављ буд, аќлњои солим, тафаккурњои созандаву љомеасоз ва нерўњои аќлониву зењнї рўйи кор намеомаданд, кї медонад, ки Ватани азизу халќи бузургвори мо ба чї дањшату вањшати азиме рў ба рў мегардид?! Шояд имрўз номи Тољикистон дар харитаи олам намебуд. Шояд… ва шояд… Халќи тољик, ин неруи тавоно дар њар давру замон бањри ободии диёр ва саодати мардуми хеш талош менамуд, љонбозињо мекард ва намегузошт, ки мардуми он пойбанди душман ва ѓуломи њалќабаргўши аѓёр бошад. Ин миллат пайваста дар муборизањои шадиди хунин бањри истиќлолияти давлат ва вањдати миллї алайњи душман мељангид ва музаффарият ба даст меовард. Модари баиффати тољик њаргиз намебахшид он фарзандонеро, ки барои пулу мол шуда миллатро «мефурўхтанд» ва дав-
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
Чоршанбе, 26 июни соли 2019, №26 (3211)
латро аз байн мебурданд. Амалњои номатлуби як гурўњи фарзандони нохалафу љоњталаб буд, ки дар кишвари мањбубамон соли 1992 љанги шањрвандї ба вуќўъ пайваст, њазорон-њазор мардум куштаи тири ноњаќ гардид, аксарияти мардум дар диёри бегона сарсону саргардон шуда буданд. Аламовараш он аст, ки то ба њанўз аз бештари гумшудагон асаре нест. Алангаи оташи ин љанги хонумонсўзро як гурўњи зархаридон тањти њидоятњои хољагони хориљї фурўзон намуданд. Имрўз њам як гурўњи одамони замоне барои миллату давлат «содиќ», амсоли гурўњњои террористї-экстремистии «Гурўњи 24» ва ЊНИ љидду љањд доранд, ки ба њар восита доираи фаъолияти гурўњњояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми кишвари тозаистиќлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарўзгор халал ворид намоянд. Мардуми тољик итминони комил дорад, ки ин аввалбинони аъмои аз таљрибаи рўзгор бањранабурда рўзе мерасад, ки дар уќёнуси бекарони макру фиреб аз дасти хољагонашон ѓарќ мегарданд ва аз ин њама аъмолу кирдори номатлубашон пушаймон мешаванд, ки аз он суде нахоњанд бардошт, зеро: Њар кї бо душмании халќ равон аст чу бањр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад. Мардуми соњиби иродаи матину аќли солим њаргиз намегузорад, ки Ватан хароб гардаду мардум дар ранљу азоб бошанд. Ин насл дар баробари наслњои мамолики пешгоми сулњхоњу сулњдўст ба сўйи ояндаи дурахшону зебо ќадамњои устувор мегузорад. Тољикистонро фарзандони соњибмаърифаташ тањти роњбарии Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба яке аз давлатњои пешќадам табдил додаанд, ки он акнун мањбуби њама халќи љањон ва умеди њама беватанони дунёст. Сумангули АСАДБЕК, ноњияи Носири Хусрав
муњтарам Эмомалї Рањмон на фаќат байни мардуми кишвар, балки дар саросари љањон нишон додааст, ки мардуми кишвари азизамон то чї андоза сулњпарвару ватандўст аст. Ноил шудан ба њадафњои иќтисодиву иљтимої ва дуруст роњандозї намудани раванди он, ба даст овардани истиќлолияти энергетикї, сохтмони иншоотњои азим, дўстиву бародарї бо њамсояњои њамсарњад, таъмини амнияти озуќаворї ва таъмини амнияти мардум, зиндагии осудаи сокнинони кишвари азизамон, якдилї ва ягонагии мардуми кишвар - њамаи ин аз вањдати миллї, соњибихтиёрї ва раванди демократикунонии Тољикистони азизамон дарак медињад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми кишвари азизамонро бо љашни Вањдати миллї табрик намуда, хоњони онам, ки њамеша дар фазои кишвари азизамон сулњу вањдат пойдор бошад. Рустам Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон
рушди иќтисодиёт аз Мењнати њалол Тоњирљон Юлдошевро дар ноњия њамчун дењќони соњибтаљриба мешиносанд ва аз мактаби таљрибаи доштааш истифода мебаранд. Ў аслан дењќонзода аст. Дар оилаи дењќон ба дунё омада, баъди хатми мактаби дењ аз пайи касби бобогї рафтааст. Аз хурдї ба мењнати њалол дилбастагї пайдо намуда, ба ќавле забони заминро хуб медонад ва ба замин чун модар њурмат дорад. Новобаста аз сохтори хољагидорї оилаи онњо рўзгори худро аз њисоби даромади аз замин бадастомада пеш мебурд ва имрўз њам аз њамин њисоб ба сар мебаранд. - Замин ягона офаридаест, ки ба иваз намудани ягон «ќисмаш» эњтиёљ нест, танњо онро хуб «таъмир» намудан ва устокорона идора намудан лозим асту бас, то туро ба манзили умед расонад ва њамеша бањравар аз он бошї, - маънидорона мегўяд ин пири ботадбир, ки маснади дењќониро барои худ баландтарин мансаб њисобидааст. Аз соли 2007 инљониб оилаи Тоњирљонбобо хољагии худро доранд, бо номи хољагии инфиродии «Бобои Носир» дар дењаи Зарнисори дењоти «50-солагии Тољикистон». Якљо бо ёру бародарон, ки сањмдорони хољагиянд, дар 7,5 гектар замини дарихтиёрдошта ба парвариши зироати хољагии ќишлоќ машѓуланд. Дар ибтидо танњо ба пахтакорию ѓаллакорї ва пиёз машѓул буданд. Мушкилоти нарасидани техника, нурињои минералї ва душворињои фурўши пахтаро бо мењнати њалол ва бо боварї ба ояндаи нек паси сар намуда, алоќадри насиб рўзгор пеш мебурданд ва њељ гоњ аз касби бобогї хастагї надоштанд. -Аз бозе, ки Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон пайи њам дар бораи оќилона истифода бурдани замин, гирифтани ду-се њосил дар давоми сол, бунёди боѓу ташкили гармхонањои мавсимї дастуру њидоят дод, бо маслињати аъзои Шўрои хољагии оилавиамон самти хољагидориро таќвият бахшидем ва шукрона, ки як хољагии тавоноро пайдо намудем, -бо хурсандї мегўяд ин дењќони дар пешааш муваффаќ. Дар њаќиќат, солњои охир дењќонон заминро ба ќитъањо таќсим намуда, доираи фаъолияти худро васеъ намудаанд. Агар пештар аз њама намуди сердаромад барои дењќонони инљо пахта њисоб меёфт, акнун баробари пахта аз боѓдорї, ки дар 1,4 гектар дарахтони мевадор доман пањн намудааст, инчунин аз караму ќулфинай, ќаланфур, ки давоми сол аз онњо њосил ба даст меоранд, манбаи даромади баланди хољагї ба њисоб меравад. Аз ѓалладонагиву картошка, юнучќа њам мањсулоти фаровон ба даст меоранд, ки барои пешбурди рўзгори ањли хољагию парваришу нигоњубини чорпоёнашон истифода мебаранд. Ба ин тадбир дигар сабзавоту полезї, кабудињои ниёзи рўзгорро пайваста месабзонанд, бо ин роњ тамоми сол њосили хуб ба даст меоранд ва мењнати њалолашон боиси фаровонии дастурхони худу бозори мањал гардидааст. Хољагии «Бобои Носир» дар бозори ноњия макони худро дорад. Тамоми мањсулоти ба дастовардаашонро худашон, бе ягон миёнарав ё ќимматфурўши бозор, ба савдо мебароранд. Бозорњои якрўзаи ноњияи њамсояро низ, ки њафтае ду маротиба баргузор мегардад, мањсулоти дењќонони ин хољагї зеб медињанд. Бозоргиранд мањсулоташон, чунки њам босифатанду њам нархашон мутаносибан поёнтар аз савдогарон. Ногуфта намонад, ки пахтазори хољагї њам айни замон, бемуњобо диќќати њар бинандаро ба худ мекашад. Дењќонон чун њарсола аз навъи тухмии серњосили «Флора» истифода карданд. Айни замон нашъунамову њосилбандии нињолњо хуб аст. Ният доранд зиёда аз 40-сентнерї њосил ба даст биёранд. - Дар иќлими вилояти Хатлон бисёр намудњои сабзавотро дар як сол ду маротиб кишт кардан мумкин аст. Мисол, мањсулоте, ки озуќаи њаррўза ва аввалияи мардум аст, аз ќабили картошка, сабзї, карам, помидор. Кишти аввали картошка дар моњи ноябр сурат мегирад. Нозукї ва хубии кишти тирамоњии картошка дар он аст, ки аз нурињои органикї, яъне аз поруи мањаллї истифода мебарем, то ин ки тухмиро зимистон аз сармо эмин нигоњ дорад. Њосили он дар моњи май-июн ѓундошта мешавад, Аз њамин њосил тухмиро барои кишти такрорї, ки моњњои июл-август гузаронида мешавад, људо кардан мумкин аст. Он ба воситаи сабзондан, шинонда мешавад, - мегўяд Тоњирљонбобо. Дењќонон њамаи ин чорањоро, ки бањри фаровонии дастурхон, бозори мањал ва дар маљмуъ љињати ѓанї гардидани буљети оилавї аст, ба роњ монда, як ваљаб заминро холї намемонанд ва онро пурмањсул истифода мебаранд. Ба онњое, ки ба дењќонї шавќу ба замин сару кор гирифтан мехоњанд, сабаќу чорањои корбариро дареѓ намедоранд. Танњо як мушкилот барои дењќонон, ба гуфти сарвари хољагї, боќї мондааст. Ин њам истифодаи техникаи иљора. Агар соњибони техника, њуљљатњои соњибкорї медоштанду аз ќайди маќомоти андоз мегузаштанд, маблаѓи андоз њам мувофиќи коркардњои иљрошуда супурда мешуд, на аз рўи норматив, ки њисоб мешавад. И. Њасанов
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
сулњи тољикон назир надорад Сулњи тољикон назир надорад, онро оламиён омўхта, истифода мебаранд. Сулњи тољикон бо ташаббус, љањду талошњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон дар муддати кўтоњ ба даст омад. Мардуми мо њељ гоњ фаромўш намекунад, ки дар охири ќарни XX ва ибтидои ќарни XXI хатари аз байн рафтани давлати тољикон ба миён омада буд. Љанги шањрвандї дар кишвар њалли бисёр масъалањои муњимро ба таъхир гузошт. Он замон дарёфти роњу воситањои њалли мољаро, расидан ба вањдати комили миллї аз вазифањои муњимтарини масъулини кишвар њисоб меёфт. Ана дар њамин давраи таќдирсоз мардуми кишвар, неруњои сиёсї, ходимони давлатию љамъиятї ва мухолифин барои сулњи саросари мамлакат талош варзида, ба якдигар гузашт карда, ба раванди сулњи кишвар мусоидат намуданд. Раванди мусолињаи миллї ва истиќрори сулњ дар кишвар ба осонї ба даст наомадааст. То ба ин рўзи фирўз расидан давраи дуру дарози вохўрињо, музокироту суњбатњо ба миён омада, як силсила мушкилот њаллу фасл гардиданд. Сарвари давлат аз рўзњои аввали ба арсаи сиёсат ќадам гузоштанаш ба сиёсати бунёдкорї, дўстї, сулњ ва таъмини вањдати миллї
эътибори љиддї дод. Мањз бо кўшишњои пайвастаи Сарвари давлат кишвар аз буњрони иќтисодиву сиёсї, иљтимоиву фарњангї наљот ёфт. Имрўз Сарвари давлат дар арсаи байналмилалї манфиатњои халќу ватани азизамонро боварибахшона њимоя мекунад. Сарвари давлат дар бораи истиќлолияти миллии халќи тољик сухан ронда, аз љумла чунин гуфтааст: "Имрўз њар як тољику тољикистонї дар њамон њолат тинљу осуда ва сарбаланд зиста метавонанд, ки истиќлолияти љумњурї ва шарафи миллатро њифз намоянд, анъанањои неки башардўстонаи аљдодонро идома дињанд. Ва њамагон бояд фахр кунем, ки мардуми тољикро оинаи таърих њамеша бо хислатњои нек, фазилату дурандешї, хайрхоњї ва тарѓибгари дўстию рафоќат нишон додааст". Ин суханони пурарзиши Сарвари давлат моро водор мекунад, ки таърихи пуршарафи гузаштаи худро омўзем, ба ќадри њаёти имрўза бирасем. Мо кўшиш мекунем, ки њамќадами замон бошем, бо мењнати шоиста ватанамонро боз њам ободу зеботар намоем. Сафарбек Гулмуродов, роњбари хољагии дењќонии “Файзулло”-и ноњияи Хуросон
Раёсати адлияи вилояти Хатлон барои ишѓоли мансаби зерини холии маъмурии хизмати давлатї
озмун эълон менамояд 1.Мутахассиси пешбари бахши иќтисод ва молияи Раёсати адлияи вилояти Хатлон. Талабот нисбати довталабон: Барои ишѓолкунандагони мансаби маъмурии категорияи шашум: -тањсилоти олии иќтисодї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -1 сол собиќаи умумии мењнатї; -малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї, маоши вазифавї-888 сомонї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: -Индекс 735140: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон, ошёнаи 2-юм, утоќи 12. Телефон барои тамос: 8 (3222) 3-01-30.
Эълон
Ба Ташкилоти љамъиятии «Ѓамхорї» корманди иљтимої лозим аст. Талабот: љинси зан, дорои маълумоти олии педагогию равоншиносї. Донистани забонњои тољикї, ўзбекї, русї ва кор бо компютер њатмист. Хоњишмандон метавонанд то 1 июли соли 2019 мурољиат намоянд. Телефонњо барои гирифтани маълумоти пурра: 8 (3222) 3-06-45, 2-78-79. Почтаи электронї: w.c.ghamkhori@mail.ru.
ЭЪЛОНИ
мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї дар кумитањои идораи замини шањру ноњияњои вилояти Хатлон р/т 1 2 3 4 5 6
Номгўйи шањру ноњияњо Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини ноњияи Кўшониён Кумитаи идораи замини ноњияи Дўстї Кумитаи идораи замини ноњияи Шањритуз Кумитаи идораи замини ноњияи Шањритуз
Мансаб
Музди маош (сомонї)
Мутахассис
696,00
Мутахассис
696,00
Мутахассиси пешбар Мутахассиси пешбар
768,00 768,00
Сармутахассис
936,00
Мутахассис
630,00
Талаботи тахассусї: -Барои мансаби сармутахассис - тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиќаи хизмати давлатї, ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї. -Барои мансаби мутахассиси пешбар- тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиќаи умумии мењнатї. -Барои мансаби мутахассис тањсилоти олї ё миёнаи касбї, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроѓаи: ќабули њуљљатњо: шањри Бохтар, кўчаи Б. Ѓафуров 6 “А”, Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон. Телефонњо барои маълумот: 8 (3222) 2-54-94, (+992) 988-39-56-56.
ЭЪЛОН дар бораи гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабњои холии мутахассиси пешбари шуъбаи кадрњо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон ва мутахассиси прокуратураи ноњияи Дўстї
Номи маќомоти давлатї: Прокуратураи вилояти Хатлон Номи мансаби холї бо нишон додани андозаи музди мењнат: Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрњо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон – 839 сомонї; Мутахассиси прокуратураи ноњияи Дўстї - 624 сомонї. Талабот нисбати мутахассис: -донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони давлатї, самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљї; -донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунњо, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ки иљрои уњдадорињои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд; -на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбї; -тањсилоти олї ё миёнаи касбї; -кор карда тавонистан бо компютер. Муњлати ќабули њуљљатњо то 5 июли соли 2019. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Н.Њувайдуллоев 8, прокуратураи вилояти Хатлон, телефони (83222) 2-53-27.
эътибор надорад
Сертификати гумшудаи њуќуќи истифодаи замин барои истифодаи якумраи меросии дараљаи Б №0484010, ки онро маќомоти давлатии заминсозии Љумњурии Тољикистон дар асоси Ќарори Љамоати дењоти “Оќгаза”-и ноњияи Вахш аз 17 октябри соли 2007 тањти №62 (0,13 га) ба Ќаюмов Суяр, сокини дењаи Пешќадами ноњияи Вахш њамчун ќитъаи наздињавлигї дода, аз тарафи Кумитаи заминсозии ноњия дар китоби баќайдгирии њуќуќи истифодаи замин тањти №860 ба ќайд гирифта шудааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Носирљон МАЪМУРЗОДА Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 25.06.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896