Skip to main content

шумораи №1, соли 2018

Page 1

Соли нави 2018 муборак, њамватанони азиз!

ХАТЛОН

БАНЇ-ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №1 (3138)

Душанбе, 1 январи соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

13 САФАРИ ФАЙЗБАХШ Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар соли 2017 ба 13 ноњияи вилояти Хатлон сафари корї анљом доданд, ки њар яке аз ин сафарњо барои рушди мањал таконбахш буд, дањњо муассисаи фарњангию маишї, корхонањои саноатию истењсолї, мактабу кўдакистон, беморхонаю марказњои саломатї, роњњо, боѓњо бунёд гардида, њазорон нафар бо љойи кор таъмин шуданд. 13 майи соли 2017, пас аз иштирок дар маросими ифтитоњи корхонањои саноатї ва дигар иншооти муњим дар ноњияи Данѓара, ки боиси ташкили садњо љойи нави корї гардид, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон бо роњбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон мулоќот карданд. Пешвои миллат зимни суханрониашон зикр карданд, ки дар барномањои рушди иљтимоиву иќтисодии вилояти Хатлон ва шањру ноњияњои он барои солњои 2016-2020 татбиќи ќариб 4000 лоиња ба маблаѓи беш аз 11,2 миллиард сомонї пешбинї шудааст. Илова бар ин, дар се соли оянда, яъне то соли 2020 барои рушди вилоят як силсила лоињањои сармоягузории давлатї ба маблаѓи 6,4 миллиард сомонї амалї мегарданд. Лоињањои таљдиду тармими роњњои мошингарди Душанбе – Ќўрѓонтеппа, Шамсиддини Шоњин - Шоњон, барќарорсозии неругоњњои барќи обии Норак ва Сарбанд, таљдиди низоми обтаъминкунии ноњияњои Панљ ва Мир Сайид Алии Њамадонї, марњалаи сеюми обёрии заминњои водии Данѓара ва дигар лоињањои муњим аз ќабили онњо мебошанд. 27 июли соли 2017 дар ноњияи Балљувон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон як ќатор иншоотњои муњимми иљтимої мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Президенти мамлакат дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњия зикр карданд, ки дар дањ соли охир тавассути њамаи манбаъњои маблаѓгузорї 209 миллион сомонї људо гардида, барои се соли оянда, яъне солњои 2018-2020 аз њисоби Буљети давлатї барои рушди ноњия беш аз 100 миллион сомонї пешбинї шудааст. Илова бар ин, давоми ду соли минбаъда аз њисоби буљети љумњуриявї сохтмони бунгоњи тиббї дар дењаи Файзободи дењоти Тољикистон ва бунёди маркази байналмилалии тавонбахшї дар дењаи Шайдон бо арзиши умумии беш аз 18 миллион сомонї дар назар аст. Дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњияњои Шањритус ва Ќубодиён, 4 августи соли 2017 Роњбари давлат гуфтанд, ки дар доираи барномаи рушди иќтисодиву иљтимоии ноњияи Шањритус дањњо лоиња ба маблаѓи 55 миллион сомонї амалї гардида, ќариб 70 њазор љойњои нави корї таъсис дода шудаанд. Танњо дар 10 соли охир аз њисоби Буљети давлатї барои таъмин намудани пешрафти иќтисодиву иљтимоии ноњияи Ќубодиён ќариб 450 миллион сомонї равона гардида, 8 лоињаи давлатии сармоягузорї татбиќ шудааст ва 5 лоињаи дигар дар њоли амалисозї ќарор дорад. Дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисањои соњаи маорифи вилояти Хатлон барои солњои 2017-2021, аз љумла дар ноњияи Ќубодиён 23 иншооти нави соњаи маориф барои беш аз 10 њазор нафар хонанда ба маблаѓи 51 миллион сомонї ва дар ноњияи Шањритус 18 муассисаи таълимии нав бо 10 њазор љойи нишаст ба маблаѓи 59 миллион сомонї бунёд мегардад.

Бо маќсади тараќќї додани соњаи сайёњї, муаррифии шоистаи имкониятњои сайёњии мамлакат ва фарњанги миллї дар арсаи байналмилалї, инчунин, љалби сармоя ба инфрасохтори сайёњї пешнињод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон карда шавад. Дар ин раванд Њукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди њунарњои мардумї ба соњибкорон ва њунармандон људо намудани ќарзњои имтиёзнокро тавассути Фонди

дастгирии соњибкорї васеъ ба роњ монад. Инчунин, бо маќсади њавасмандгардонии ањолї љињати истењсоли молњои ниёзи мардум дар хона ва рушди њунарњои мардумї аз 1 январи соли 2018 фурўши чунин молу мавод аз пардохти њамаи намудњои андоз озод карда шавад. (Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 22 декабри соли 2017, шањри Душанбе)

СОЛИ 2018 СОЛИ ПЕШРАФТЊОИ НАВИН БОШАД Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмањмадзода Давлатшоњ Ќурбоналї ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2018

Њамдиёрони азиз! Мардуми шарафманди Љумњурии Тољикистон, аз љумла сокинони Хатлонзамин, соли 2017-ро бо дастовардњои хуби мењнатї, бо шукргузорї аз сулњу субот, бо натиљањои назарраси иќтисодию иљтимої љамъбаст намуда, бо азму ниятњои нек соли нави мелодии 2018-ро истиќбол мегиранд. Соли 2017 соли бобарор, соли пешрафтњо, соли бунёдкорињо буд. Сафарњои кории Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба як ќатор шањру навоњии вилояти Хатлон дар соли 2017 барои рушди бештари иќтисодиёт, саноат, соњибкорї, соњањои маориф ва фарњанг такон бахшид. Дар доираи сафари кории Роњбари давлат дар ќаламрави вилоят иншоотњои муњими маъмурию маишї, корхонањои истењсолї, муассисањои таълимї, фарњангї, варзишї мавриди бањрабардорї ќарор гирифта, садњо нафар соњиби љойи кори доимї гардиданд. Бо пешнињоди Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам

Эмомалї Рањмон соли 2017 Соли љавонон эълон гардида буд. Пешвои муаззами миллат барњаќ фармудаанд, ки љавонони кишвари соњибистиќлоли мо њамеша неруи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тољикистони соњибистиќлол њастанд ва хоњанд буд. Дар Соли љавонон насли ояндасози миллат, аз он љумла љавонони бонангу номуси вилояти Хатлон, бо ташаббускорињо, тањсили хубу аъло, амалњои шоиста, рўњияи баланди ватандорию хештаншиносї бо созандагию ободкорињояшон аз худ њамчун афроди соњибватан ва бунёдгаро дарак доданд. Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии хеш, 22 декабри соли 2017, таъкид намуданд, ки ѓамхории Њукумат нисбат ба љавонон танњо бо Соли љавонон мањдуд намешавад, баръакс, њалли масъалањои вобаста ба наврасону љавонон минбаъд низ самти муњимтарини фаъолияти давлату Њукумат хоњад буд. Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат на танњо барои маќомоти давлатї, балки барои њар як шањрванди бонангу номуси кишвар барномаи мукаммали амал мањсуб мегардад, зеро Паём вазифањои бузурги созандагию бунёдкориро дар назди мо гузошта, роњњои расидан ба њадафњои стратегии мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардумро нишон медињад. Роњбари давлат зимни ироаи Паёми навбатї доир ба тањдидњои замони муосир сухан гуфта, ишора карданд, ки дар љомеаи мо масъалањои вобаста ба шомилгардии љавонон ба њизбу њаракатњои террористию ифротгаро, иштирок дар љангњои мусаллањонаи давлатњои исломї, њуљуми фарњанги бегона, љангњои иттилоотї љой доранд. Барои пеши роњи ин тањдидњоро гирифтан тамоми ташкилоту муассисањои дахлдори вилоятї, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо ва ташкилотњои љамъиятї муваззаф њастанд, ки дар якљоягї фаъолият карда, љавононро бо роњи дуруст њидоят созанд, то аз манфиатњои давлатию миллї бархўрдор гардида, бањри њифзи он дифоъ намоянд. Њоло дар назди љомеа масъалањои боз њам зиёди њаётан муњим, аз љумла сањмгузорї дар рушди устувори кишвар, тањкими пояњои давлатдорї ва иштироки

фаъолона дар њаёти сиёсиву љамъиятї меистанд. Бо ибтикори Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2018 њамчун Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон гардид. Вилояти Хатлон бо табиати дилфиреб, чашмањои мусаффою шифобахш, мавзеъњои таърихию фарњангии тамошобоб ва мењмоннавозии дараљаи баланди сокинонаш оламшумул гашта, таваљљуњи сайёњони ватанию хориљиро ба худ љалб мекунад. Мутмаинам, ки бо дастгирии мардуми мењмондўсту иззатманди Хатлонзамин дар соли 2018 мо ба њарчи бењтар ва бештар муаррифї намудани имкниятњои туристии вилояти Хатлон муваффаќ хоњем шуд. Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, аз љумла бонувон, аз ќадим бо њунармандиашон низ соњибном буда, посдорандаи њунарњои миллї буданду њастанд. Њифзу густариши ин њунарњо ва муаррифии он ба љомеаи љањонї низ нуфузу эътибори кишвари моро бештар карда, мутмаинан, боиси афзудани раѓбати сайёњони хориљї ба диёри бињиштосои мо мегардад. Тавре ки њамагон медонанд, соли 2018, дар айёми таљлили љашни Наврўзи байналмилалї ва Рўзи љањонии об - 22 март раванди татбиќи ташаббуси нави глобалии Пешвои муаззами миллати мо Эмомалї Рањмон - Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оѓоз мегардад. Вобаста ба ин, баргузории як ќатор чорабинињои муњим дар назар аст. Дар соли нави 2018, инчунин корњои бузурги ободонию созандагї, бунёди иншоотњои азим, таъсиси љойњои нави корї дар вилоят ва љумњурї анљом дода хоњанд шуд. Ин њама аз тањкими пояњои давлатдорї, рушди устувори мамлакат, сулњу субот ва вањдати миллї дар Тољикистони азиз дарак медињад. Боварї дорам, ки дар соли 2018 тамоми сокинони вилояти Хатлон дар ободу зебо нигоњ доштани кишвар сањми назарраси худро гузошта, њар фарди бедордил ба хотири тањкими истиќлолияти давлатї, вањдати миллї, сулњу субот ва густариши худшиносиву худогоњї кўшишу талоши бештар менамояд. Таманно дорам, ки ин солу њама сол мардуми шарафманди тољик сарфароз, хушиќбол, муваффаќ ва саломат бошанд. Фарорасии соли нави мелодї хуљаста бод, њамватанони арљманд!

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњияи Носири Хусрав, 4 августи соли 2017, зикр намуданд, ки то замони таъсиси ноњияи Носири Хусрав дар он њамагї 10 муассисаи таълимї фаъолият мекард. Дар 20 соли мављудияти ноњия шумораи муассисањои таълимї ба 26 адад расида, дар онњо беш аз 8 њазор нафар хонандагон ба омўзиши илму дониш машѓуланд. 4 август боз як муассисаи замонавии тањсилоти умумии иборат аз 4 бино ва 32 синфхонаи бо тамоми шароити замонавї ва таљњизоти таълимї муљањњаз дарњои худро барои 1680 нафар фарзандони мардум боз кард. 9 августи соли 2017 Эмомалї Рањмон, Президенти Љумњурии Тољикистон, пас аз ифтитоњи чандин муассисањои таълимию фарњангї ва шиносої бо умури кишоварзї, инчунин бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњияњои Абдурањмони Љомї ва Хуросон мулоќот оростанд. Зикр гардид, ки дар дањ соли охир ва нимсолаи аввали соли 2017 барои таъмин намудани пешрафти иќтисодиву иљтимоии ноњияи Абдурањмони Љомї аз њисоби Буљети давлатї 620 миллион сомонї равона гардидааст. Дар Барномаи давлатии сармоягузорї барои солњои 2016-2020 ояндаи наздик бо љалби сармояи хориљї таљдиди роњи мошингарди Душанбе–ноњияњои Рўдакї–Ёвон-Абдурањмони Љомї-Сарбанд ва сохтмони пул аз болои дарёи Вахш ба маблаѓи 450 миллион сомонї пешбинї гардидааст. Дар доираи Барномаи рушди иљтимоиву иќтисодии ноњияи Хуросон барои солњои 2016-2020, ки 119 лоињаро ба маблаѓи умумии 210 миллион сомонї дар бар мегирад, то имрўз наќшаи генералии шањраки Обикиик тањия гардида, муассисаи таълимї барои муњољирони вилоятњои Суѓду Бадахшон дар дењоти Њилолї, 230 гектар боѓи нав, коргоњи дўзандагї, ќасри фарњанг ва китобхона, бунгоњи саломатї дар дењоти Ѓаллаобод, бинои маъмурии “Амонатбонк” ва чандин иншооти дигари иљтимоиву хизматрасонї бунёд ва ба истифода супурда шуданд. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњияи Бохтар, 16 августи соли 2017, таъкид карданд, ки сохтмон ва таљдиди коргоњу корхонањои истењсолї, роњњои дохилї, хатњои неруи барќ, муассисањои таълимиву иљтимої, аз љумла Донишкадаи энергетикї, Литсейи президентї барои хонандагони болаёќат, дигар иншооти муосири соњаи маориф ва марказњои хизматрасонї симои ноњияи Бохтарро дар муќоиса бо солњои пеш хеле ободу зебо гардондаанд. Гуфта шуд, ки барои солњои 2018-2020 аз њисоби Буљети давлатї љињати рушди ноњия 376 миллион сомонї пешбинї гардидааст. Роњбари давлат дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњияи Вахш, 16 августи соли 2017, зикр намуданд, ки дар давоми 10 соли охир барои тараќќиёти ноњияи Вахш аз буљети давлат 475 миллион сомонї харољот шудааст. Бо дарназардошти он ки ноњияи Вахш яке аз ноњияњои калонтарини кишоварзии мамлакат мебошад, бо ибтикори Пешвои миллат дар маркази ноњия бунёди коллељи аграрии вилояти Хатлон оѓоз гардид. Таъкид шуд, ки дар даврони истиќлолият дар ноњияи Вахш 30 бинои нав ва синфхонањои иловагї барои зиёда аз 12 њазор нафар хонандагон сохта ба истифода дода шудааст. Дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњияи Љайњун, 17 августи соли 2017, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ин ноњияро яке аз мавзеъњои аз лињози кишоварзї асосиву муњими вилояти Хатлон ва кишварамон номида, зикр намуданд, ки Њукумати кишвар ба масъалаи рушди устувори ноњия ва бењтар гардондани зиндагии сокинони он ањамияти доимї зоњир карда, бо ин маќсад дар солњои 2018-2020 људо кардани 185 миллион сомониро ба наќша гирифтааст. Зимни сафари корї ба ноњияи Дўстї, 17 августи соли 2017, Пешвои миллат Эмомалї Рањмон як силсила иншоотњои муњимро ифтитоњ бахшида, дар мулоќот бо сокинони мањаллї иброз доштанд, ки бо маќсади паст кардани сатњи обњои зеризаминї, таъминот бо об, бењтар кардани њолати мелиоративї ва ба гардиши кишоварзї ворид кардани заминњои партову бекорхобида дар ноњия аз њисоби лоињањои сармоягузорї ва маблаѓњои мутамаркази Буљети давлатї беш аз 92 миллион сомонї харољот гардидааст. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони ноњияи Панљ, 18 августи соли 2017, таъкид карданд, ки айни замон тавассути ба маблаѓи умумии 45 миллион сомонї азнавсозии варзишгоњи марказї барои ќариб шаш њазор љойи нишаст, дидбонгоњи сарњадии “Файзободќалъа”-и отряди сарњадии Панљ, бунёди беморхонаи касалињои сил, таъмиру таљдид ва чароѓонкунии роњњои дохилии ноњия амалї шуда истодаанд. 13 сентябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи бинои маъмурии шуъбаи КДАМ дар ноњияи Шамсиддини Шоњин, ки он бо харљи як миллиону 700 њазор сомонї бунёд шудааст, иштирок карданд. Бо иштироки Роњбари давлат дар ноњия инчунин корхонаи давлатии дўзандагї ва коркарди меваю сабзавот, ки дар як шабонарўз 1 тоннаву 500 килограмм мањсулоти боѓдоронро коркард ва басту банд менамояд, бо харљи 6 миллион сомонї ба истифода супурда шуд. Бо ифтитоњи иншооти нав 22 нафар дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 130 нафар дар коргоњи дўзандагї бо шуѓли доимї, маоши хуб ва дар маљмўъ 160 нафар бо љойи кор таъмин гардиданд. Н. Маъмурзода


2

ХАТЛОН

Душанбе, 1 январи соли 2018, №1 (3138)

Соли нав дар Тољикистони нав аст, Тољикистон боз дар соли нав аст. Муборак бошад!

ФАРОМЎЗ БОБОЕВ - БЕЊТАРИН РЎЗНОМАНИГОРИ љавони СОЛ Мудири шуъбаи љавонон ва варзиши рўзномаи вилоятии «Хатлон» Фаромўз Бобоев ѓолиби озмуни вилоятии «Бењтарин рўзноманигори љавони вилояти Хатлон» гардид. Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар њамкорї бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Бењтарин љавон дар Соли љавонон – 2017»-ро ба роњ монда буд, ки чанде пеш натиљагирї гардид. Фаромўз Бобоев аз рўйи номинатсияи «Бењтарин рўзноманигори љавони вилояти Хатлон» ѓолиб дониста шуд. Ањли эљоди рўзномаи вилоятии «Хатлон» њамкори худ Фаромўз Бобоевро бо ин пирўзиаш дар озмун шодбош гуфта, барояш дар љодаи эљод илњоми бесарњаду комгорї орзуманданд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

МАОРИФ РЎ БА РУШД ОВАРДААСТ муассисаи тањсилоти умумии асосї, 1047 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї, 24 гимназия, 21 литсей, 10 мактаб-интернати кўдакони ятим, 1 мактаб-интернати ёрирасон, 4 мактабинтернати бачањои лаёќатманд, 4 интернати наздимактабї, 1 хонаи бачагон фаъолият дорад. Дар он 707 њазору 155 нафар кўдакони синни мактабї, аз љумла 324 њазору 437 нафар духтарон тањсил мекунанд. - Дар соли тањсили 2017-2018 шумораи умумии омўзгорон 42 њазору 806 нафарро ташкил дод, ки 21 њазору 8 нафарашон занон мебошанд. - Айни њол дар вилоят 136 муассисаи тањсилоти томактабї (нисбати соли гузашта 1 адад зиёд) фаъолият доранд. - Дар олимпиадањои љумњуриявии анъанавї, даставї, байналмилалї, фосилавї ва номї 106 нафар соњиби љойњои ифтихорї гардиданд, ки нисбати соли гузашта 30 љойи ифтихорї зиёд

аст. -Дар соли тањсили 2016-2017 аз 48080 нафар (21254 нафар духтар) хатмкунандагони муассисањои тањсилоти умумии шањру ноњияњои вилоят 22 њазору 416 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон дохил шуданд, ки ин 46,6%-ро ташкил медињад. Дар ќиёс нисбат ба соли гузашта 5,8% зиёд, ё худ 3856 нафар хонанда зиёд дохил шудаанд. - Соли 2017-ум 3435 нафар аз вилоят ба муассисањои тањсилоти миёнаи касбї ва олии хориљи кишвар дохил шуданд. Аз шумораи умумии дохилшудагон 2409 нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисањои таълимии шањру ноњияњои вилоят буда, дар самти бакалавр ва мутахассис тањсил доранд. Ф. Давлат, «Хатлон»

Дар боби тарбияи фарзанд

ТАРБИЯ АЌЛИ РАСО ВА МЕЊРУ МУЊАББАТРО ТАЛАБ МЕКУНАД

ОЗМУНИ ЉУМЊУРИЯВИИ «БЕЊТАРИН ОИЛАИ ЉАВОН» ЉАМЪБАСТ ГАРДИД

28 декабр дар шањри Душанбе озмуни љумњуриявии “Бењтарин оилаи љавон” тањти унвони “Оилаи соњибмаърифат” бахшида ба Соли љавонон баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир шуд. Дар даври љумњуриявии озмун, ки љињати иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз 8 феврали соли 2017, тибќи банди 26-и

Наќшаи чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба Соли љавонон доир шуд. Оилањои љавон аз ВМКБ, вилоятњои Хатлону Суѓд, шањри Душанбе ва 7 оила аз ноњияњои тобеи марказ, љамъан 11 љуфт ширкат варзиданд. Маќсад аз баргузории озмун баланд бардоштани маърифати оиладории љавонон, њидояти онњо дар роњи бунёди оилаи солиму баркамол, омода намудани онњо ба њаёти мустаќилона, тањкими заминаи мусоид бањри пойдории оилањои љавон, пешгирии њодисањои номатлуб, аз ќабили вайроншавии оилањои љавон, никоњи бармањал ва хешутаборї, зўроварї дар оила ва дар умум, тарѓиби тарзи њаёти солим байни љавонон, сарфаву сариштакорї ва муаррифии намунањои бењтарини оилањои љавон унвон гардид. Шарафи намояндагї аз вилояти Хатлонро дар озмуни љумњуриявии “Бењтарин оилаи љавон” оилаи Носирљон Маъмурзода ва њамсараш Њангомаи Исмат бо худ доштанд. Ин љуфти љавон 6 шарти озмунро хуб иљро карда, дастовардњои оилавиашонро муаррифї намуданд ва дар натиља љойи дуюмро аз худ карданд. Ба онњо Диплом ва љоизаи таъсисдодаи Кумитаи тадорукот таќдим гардид. Ќобили зикр аст, ки Носирљон Маъмурзода ва њамсараш Њангомаи Исмат хатмкардањои факултети журналистика ва тарљумонии Донишгоњи миллии Тољикистон буда, дар идораи рўзномаи вилоятии “Хатлон” фаъолият мекунанд. Бањром Миров, мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

ФАЙЗИГУЛ АМИРХОНОВА ИФТИХОРИ МАКТАБИ МО Даври нињоии озмуни љумњуриявии расми бењтарин дар мавзўи бехатарии њаракат дар роњ «Шањри бехатар аз нигоњи кўдак» љамъбаст гардид. Озмуни мазкур дар шањри Душанбе бо иштироки 80 хонанда баргузор гардид ва Файзигул Амирхонова, хонандаи синфи 7-уми муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №13-и ноњияи Вахш, аз рўйи ин номинатсия соњиби љойи дуюм гардид. Файзигул Амирхонова аз тарафи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилї, полковники милитсия А. Насимзода бо диплому туњфањо сарфароз гардонида шуд. Њамчунин, ѓолибони озмун бо диплом ва туњфаи хотиравии РБДА Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуданд. А. ИСМАТУЛЛО, омўзгори МТМУ №13-и ноњияи Вахш

2017 СОЛИ ФАРОВОНИИ ЊОСИЛ БУД Дар давоми соли 2017 аз њисоби истењсоли маљмўи умумии мањсулот дар вилояти Хатлон 11 миллиарду 829 њазору 493 сомонї ворид гаштааст, ки ин нишондињанда нисбат ба соли пор 778 млн 922 сомонї зиёд мебошад. - Соли 2017 барои кишоварзони хатлонї соли хуб ва бобарор буд, - мегўяд Ќањњор Усмонов, сардори Раёсати чорводорї ва растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон. - Њамин аст, ки кишоварзон соли сипаригардидаро соли фаровонии њосил унвон кардаанд. Ба гуфтаи номбурда, барои хољагидорону дењќонон њосили фаровон ва мусоид омадани обу њаво барои кишти зироат дастоварди муњими сол дониста мешавад.

- Соли сипаригардида дар вилоят бо маблаѓњои буљетї ва љалби сармоягузорињои мухталиф 16 муассисаи тањсилоти миёнаи умумї бо тамоми шароитњои корї ва кабинетњои муљањњази таълимї барои 14 њазору 996 хонанда дар ду баст мавриди истифода ќарор дода шуд. - Дар маросими ифтитоњи 8 муассисаи таълимї Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон иштирок карда, бо ањли маориф вохўрињои судманд баргузор намуд. Дар ин муассисањо 109 кабинети муљањњазонидашуда, аз ќабили кабинетњои фанњои физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотї, технология (таълими мењнат барои писарон ва духтарон) ва экология бо тамоми таљњизот ба истифода дода шуд. - Дар ин давра дар назди 35 муассисаи таълимї барои 6616 хонанда дар ду баст бино ва синфхонањои иловагї сохта шуд. - Дар вилоят 1335 муассисаи таълимї, аз љумла 72 муассисаи тањсилоти ибтидої, 151

Дастовардњои муњими соњаро дар соли 2017 дар раќамњои зерин мебинем: Ѓалладонагї: 476 њазору 501 тонна, аз майдони 138 њазору 821 гектар. Љуворимакка: 16 њазору 23 тонна, аз майдони 3 њазору 361 гектар. Пиёз: 247 њазору 211 тонна, аз майдони 8 њазору 300 гектар. Сабзї: 42 њазору 308 тонна, аз майдони 1 њазору 672 гектар. Бодиринг: 3 њазору 533 тонна, аз майдони 1 њазору 292 гектар. Помидор: 555 њазору 344 тонна, аз майдони 2 њазору 263 гектар. Картошка: 70 њазору 441 тонна, аз майдони 4 њазору 370 гектар.

Полезињо: 292 њазору 721 тонна, аз майдони 10 њазору 489 гектар. Мевагї: 68 њазору 58 тонна. Ангур: 26 њазору 660 тонна. Ба иттилои Ќ. Усмонов, кишоварзони вилоят ният доранд, ки тибќи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат - Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон амал карда, дар соли нави 2018 низ истењсоли мањсулоти кишоварзиро зиёд карда, бозорњоро аз мањсулоти тару тозаи дохилї фаровон кунанд, то нарх мўътадил нигоњдошта шавад. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї диќќати маро суханронии дилсўзонаву ѓамхоронаи Роњбари давлат дар њаќќи љамъият ва оила љалб кард. Дар њаќиќат, тавре ки Пешвои миллатамон арз доштанд, тарбия ба инсон хушбахтї ва бахту саодат меоварад. Тарбияи инсон кори нињоят душвор буда, диќќати зиёд, дониш ва мањорати муайянро талаб менамояд. Бинобар ин, дар ин бобат дар байни халќ бисёр зарбулмасал ва маќолњо мављуд аст. Чунончи: “Касе, ки дил хун накардааст, ў бачаро тарбия карда наметавонад”, “То фарзанд калон кардам, хуни љигар хўрдам”. Халќ хислату рафтори ношоями кўдаконро дар тарбияи нодурусти оилавї медид. Сабабњои бетарбиягии бачагон, пеш аз њама, аз бетарафї, бепарвої ва аз беназорат мондани бачагон аз тарафи падару модар сар мезанад. Дар натиљаи якдигарро нафањмидани падару модар, фарзанд ва ба талаботи якдигар љавоб дода натавонистани амали онњо, рафтор ва муомилаи онњо, аксар ваќт наврасон дар пеши назари падару модар вайрон мешаванд. Масалан, худро идора карда наметавонанд, якраву гарданшах, даѓалу дилозор мешаванд. Олимони бузург, ки шуњрати љањонї доранд, маќоми тарбияро дар синни хурдсолї нишон додаанд. Аз љумла, педагоги бузурги рус К. Д. Ушинский навишта буд:

“Характери инсон аз њама бештар, дар соли аввали њаёташ ташаккул меёбад ва њар он чї ки дар ин давра њосил мегардад, мустањкам буда, ба табиати дуюми ў табдил меёбад. Њама он чиро, ки инсон баъдтар аз худ менамояд, њељ гоњ ба он андозае устувор нест, чї тавре ки дар синни кўдакї аз худ кардааст”. Барои њамин, ба тарбияи кўдакони синни томактабї диќќати махсус додан даркор. Бозї хусусан дар њаёти бачагони синни томактабї маќоми махсусро ишѓол менамояд. Чунки он дар ин синну сол асоси фаъолияти кўдакро ташкил мекунад. Кўдакони синни томактабї бештар ба бозињои наќшдор машѓул мешаванд. Онњо дар бозии худ он чизњоро ифода мекунанд, ки бо чашмони худ дидаанд ва бо гўши худ шунидаанд. Дар рафти бозї онњо вобаста ба хаёлоти худ

наќши модарро иљро мекунанд, ба мисли модаре, ки фарзанди худро бо дўстдорињо либос мепўшонад, оббозї медорад, бо навозиш вайро хоб мекунонад. Моњияти бозињоро ба њисоб гирифта падару модарон ва мураббиён бояд барои иљрои бозињо шароит муњайё кунанд. Ѓайр аз ин, назорат кардан лозим аст, ки кўдакон ба ќоидањои бозї риоя намуда, дар бораи якдигар ѓамхорї намоянд, наќшњои асосиро бонавбат иљро кунанд, то ки дар рафти бозї дар байни кўдакон норозигї ба вуљуд наояд ва ба фаъолияти кўдакон таъсири манфї нарасонад. Таъсири тарбиявии падару модарон ва мураббияњо њангоми иљрои бозињои дидактикї хеле калон аст. Бозињои дидактикї хусусан ањамияти калони тарбиявии ахлоќї ва фикрї доранд. Дар рафти бозињои дидактикї кўдакон бо олоти мењнат, бо намудњои гуногуни касб, хусусиятњои предметњои гуногун шинос мешаванд, ироданокї ва чустучолокї зоњир менамоянд, чистонњо гуфта фаъолияти фикрии худро инкишоф медињанд. Инчунин, хеле муњим аст, ки мураббияњо ё ки калонсолон баъзан дар бозињои бачањо иштирок намуда, ватанпарварї, инсондўстї, њозирљавобї, чустучолокї, мењнатдўстї, ба якдигар ёрирасониро ба онњо ёд дињанд. Ин барои аз бозї ба таълим ќадам гузоштан шароити хуб муњайё намуда, бачагонро ба дав-

МУЊИМТАРИН ДАСТОВАРДЊОи соњаи тандурустї ДАР СОЛИ 2017 Дар самти сиёсати кадрї ва дастгирии мутахассисони љавон: - Шумораи табибон дар соли 2014 - 3160 нафар, дар 11 моњи соли 2017 3658 нафар ва кормандони миёнаи тиб 15653 нафарро ташкил дод (ба 10 њазор ањолї 11,5 табиб рост меояд); - Дараљанокии кормандони миёнаи тиб: 754 нафар - олї, 446 нафар - якум ва 668 нафар – дуюм ва табибон - 277 нафар - олї, якум – 102 нафар, дуюм 77 нафар; - Дар ќаламрави вилояти Хатлон 22 нафар табибон дорои унвони илмии номзади илми тиб ва се нафар доктори илми тиб мебошанд; - Барои њавасмандии табибони љавон ба 346 нафар ќитъаи замин, ба 40 нафар манзили истиќоматї ва ба 413 нафар ќарзњои имтиёзноки бонкї дода шуд. Дар самти сохтмон: - Дар ноњияи Шамсиддин Шоњин Маркази саломатии дењоти «Пистамазор 2” бо харљи 300000 сомонї, МСД «Девдор» бо сарфи 300000 сомонї, МСД «Наво» бо маблаѓи 300000 сомонї, МСД «Чагам» бо 300000 сомонї аз њисоби Ташкилоти Оѓохон сохта ба истифода дода шуд; - Дар Љамоати дењоти Г. Гулмуродов, дењаи Тољикободи ноњияи Дўстї бунгоњи саломатї ба маблаѓи 450 000 сомонї аз љониби барномаи Созмони Милали Муттањид бунёд гардид; - Дар ноњияи Шањритўс бунгоњи саломатии «Ватан» ба маблаѓи 65000 доллари амрикої сохта шуд; - Дар ноњияи Љайњун бунгоњњои саломатии «Озодї» ва «Ватан» ба маблаѓи 92000 доллари ИМА сохта ба истифода дода шуд; - Дар шањри Ќўрѓонтеппа бунгоњњои саломатии «Зарбадор», «Зархез», маркази саломатии дењоти «Гулистон» аз њисоби шањрдорї бунёд гардид; - Дар ноњияи Данѓара бунгоњи саломатии «Шаршари Пушинг» ба маблаѓи 150000 сомонї сохта ба истифода дода шуд; - Дар ноњияи Данѓара беморхонаи минтаќавии Сангтўда, ки аз маркази ноњия дар масофаи 56 км дур аст, бо 15 кат таъсис дода шуда, ба фаъолият сар кард; - Дар ноњияи Муъминобод МСД «Хўљаи Нур» аз љониби Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 945000 сомонї сохта ба истифода дода шуд.

- Ба беморхонаи марказии ноњияи Балљувон бо дастури Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон наќлиёти хизматии тамѓаи “Lendrover Diskoveri” ба маблаѓи 286756 сомонї дастрас гардид; - Дар ноњияи Љ. Балхї МСД «К.Маркс», МСД «Андреев» бо маблаѓи 2 миллиону 400 њазор сомонї, дар ноњияи Ёвон МСД «Дўстї», МСД «Ќулобод» бо маблаѓи 2 миллиону 400 њазор сомонї сохтмонаш идома дорад; - Дар ноњияи Панљ беморхонаи зиддисилии дорои 30 кат ба маблаѓи 3 млн 500 њазор сомонї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар самти воридсозии таљњизот: - Ба беморхонаи марказии ноњияи Бохтар барои сари ваќт расонидани хизматрасонии тиббии босифат 18 номгўи таљњизоти муосири тиббї дастрас карда шуд; - Дар беморхонаи вилоятии №2 ба номи А. Њаќназаров бо дастгирии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 2236211,1 сомонї таљњизоти муосири тиббї дастрас гардид; - Дар маркази беморињои сили вилояти Хатлон дастгоњи њозиразамони “Хайн” ба маблаѓи 150000 сомонї микроскопи бинокулярї ворид карда шуд. Дар самти воридсозии усулњои нави љарроњї: - Дар шуъбаи љарроњии умумии Беморхонаи клиникии ба номи Б. Воњидов бо усули лапароскопї бурида васлсозии рўдаи «Сигмашакл» њангоми бемории «Долихосигма», соли 2017 найчагузории роњи талхарав бо усули лапарскоп њангоми сангњои найчаи талхарав ба роњ монда шуд; - Дар беморхонаи љумњуриявии Данѓара усулњои пайвандсозии гурдањо ва узвњои инсон, љарроњии пластикии реконструктивї, пайвандсозии пайванду буѓумњо, љарроњї дар сутунмуњра, ангиография, гузоштани стен дар дилу рагњо, љамъан 913 амали љарроњї анљом дода шуд. Аз љумла ба 20 бемор пайвандсозии гурдањо, љарроњињои ринопластика ва секторинопластика - 103 нафар, љарроњињо дар чашм - 8 нафар, љарроњињои бартараф намудани контрактураи ангуштон - 17 нафар, љарроњињои њангоми беморињои рагњои хунгард - 222 нафар гузаронида шуд. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дар соли 2018, ба ќавли мўдшиносон, либосњои серранг, бештар сурхи баланд, кабуди торик, гулобї, ранги боимљон, сабзи моил ба тиллої ва норинљї ба њукми мўд даромада, серхаридор хоњанд шуд. Ин рангњо таваљљуњро ба худ љалб мекунанд аллакай аксари тарроњон барои тањияи либос бо истифода аз он пардохтаанд. Азбаски соли 2018 соли саг мебошад, дар мавсими сармо, яъне тирамоњу зимистон палто ва дигар либосњои гарми пашмини

раи гузариш, яъне аз боѓча ба мактаб, аз синни томактабї ба синни хурди мактабї тайёр месозад. Чунин аст моњияти бозї дар бачагон. Дар оила баъзе кўдакон ба инљиќї одат мекунанд. Падару модарон ба ин хел кўдакони инљиќ бояд эњтиёткорона муносибат намоянд. Ба даѓалї ва якравї роњ надода, ба воситаи муносибати эњтиёткоронаи худ батадриљ инљиќии онњоро барњам дињад. Дар баъзе њолатњо ин эътирози кўдак нисбат ба берањмии баъзе падару модар, бешафќатї ва даѓалии ў равон мешавад. Хусусан баъзан талабњои ѓайриоќилонаи падару модар мустаќилияти ўро аз байн мебарад. Бо инљиќии кўдакон хеле њалимона, оромона, босаброна ва оќилона мубориза бурдан лозим аст. Онњоро оњиста-оњиста ба он одат кунонидан лозим аст, ки рўз аз рўз хоњиши худро камтар кунанд ва рафта-рафта аз талабњои беаќлонаи худ даст кашанд. Онњоро водор намудан лозим аст, ки майлу хоњиш ва фикру андешањои падару модарро њам ба инобат гиранд. Педагоги бузурги рус М. С. Макаренко чунин гуфта буд: “Тарбия ана аз њамин љињат душвор аст, ки он мењнати зиёд, аќли расо, мењру муњаббат ва фањми хубро талаб мекунад”. Муњайё НАЗАРОВА, мураббияи муассисаи давлатии тарбияи томактабии №5-и шањри Ќўрѓонтеппа

Њамроева. Ин тарроњи шинохта дар мавриди зарурати пайвастагии олами ботинї ва олами зоњирии инсон сухан ронда, гуфт, ки одаме, ки зебо, бо риояи завќу меъёр либос интихоб мекунад, наметавонад тарбияи бад дошта бошад: “Бигзор миллї пўшем, аммо зебо. Аврупої, марњамат, аммо бояд бидонем, ки чиро бо чї бояд пўшид. Масалан, барои ман услуби солњои 60-уми ќарни гузашта бисёр писанд аст. Аз тоќињои сафеди гулдўзї хушам меояд.

ЛИБОСЊОИ МИЛЛИИ АТЛАСУ ЧАКАН ДАР МЎД ХОЊАД БУД ранги бўр дар мўд хоњад буд. Дар соли 2018 ранги сафед низ мисли њамеша чун асоси рангњо боќї мемонад. Аммо инро бояд ќайд кард, ки мўд як чизи ќолабї нест. Он метавонад њар лањза иваз шавад. Вобаста ба сол њар тарроњ ранг, услуби дўхти либос, интихоби ороишотро барои мухлисонаш худаш муайян мекунад. Аммо њамеша дар сафи пеш тарроњоне меистанд, ки бо имконоти хуби корї рўйи мўд бештар таъсир мегузоранд. Тарроњи шинохта Мавлуда Њамроева њарчанд худро мутахассиси либосњои миллї намењисобад, бо такя ба таљрибааш тавсия медињад, ки дар дўхти либоси миллї бояд аз матоъњои бисёр зебо истифода кард. “Бубинед, чї ќадар дўзандањои моњир зиёд шудаанд. Дар наќшкорї бењтарин наќшу нигорњоро рўйи матоъ мерезанд, ки кас аз дидани њунарашон дар њайрат меафтад. Бояд аз њунари онњо дар ин сол васеъ истифода кард. Масалан, агар интихоби шахсии маро пурсед, ин зардўзии њарир дар шифон аст. Зардўзиро дар бахмал низ меписандам. Ин намуди дўхт, албатта, дар мо њаст, аммо, мутаассифона, дар истифода аз он бонувон ё аз њад зиёд мегузаронанд, ки дар натиља даѓал ба чашм мерасад, ё хеле кам истифода мекунанд, ки ба чашм наметобад”, – зикр кард М.

Воќеан мешавад, ки ботини инсонро дар зоњираш бубинем”. Тарроњи тољик Хуршед Сатторов мегўяд, ки дар соли 2018 низ дар миёни бонувон асосан либосњои хуштарњи дастдўз дар мўд хоњад буд. Вай афзуд, ки солњои охир њатто тарроњони ѓарбї низ ба либосњои миллии мардумони шарќ таваљљуњ зоњир кардаанд. Ба андешаи ў, эљодиёти тарроњони Осиёи Марказї хусусиятњои махсуси худро дорад, ки аз тарроњии дигар мамлакатњо фарќияти калон дорад: “Пеш аз њама, дар Осиёи Марказї дар коллексияи хеш аз кори дастї истифода мебаранд. Дар баробари ин, технологияи дўхтани либос низ фарќ мекунад. Наќшу нигори ќадима дар љањони муосир навгоние ба вуљуд меорад. Боќимонда, тањияи либос аз худи тарроњ вобаста мебошад. Беш аз ин, дар Осиёи Марказї аз рангњо ба таври хос истифода мебаранд", - гуфт Х. Сатторов. Хуллас, љойи шубња нест, ки дар соли 2018, ки дар Тољикистон онро чун Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї таљлил мекунем, тамоми сол пироњанњои атласу чакан бо наќшу нигори миллї, гулдўзињои моњирона ва тарњњои замонавї њаводор хоњанд дошт. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”


3

ХАТЛОН

Душанбе, 1 январи соли 2018, №1 (3138)

Соли нав оѓози дунёи дигар, Орзу, умеду омоли нав аст. Асрори азалро на ту донию на ман

Варзиш: дастоварди 2017

НАБИМУЊАММАД ХОРКАШЕВ Варзишгари сол эълон шуд Набимуњаммад Хоркашев 10 августи соли 1987 дар дењаи «Ѓайратшоњ Давлатов»- и ноњияи Бохтар чашм ба олами њастї кушодааст. Хатмкардаи факултети таърих ва њуќуќи Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтепппа ба номи Носири Хусрав буда, њамзамон донишљўи Донишкадаи тарбияи љисмонии ба номи Саидмуъмин Рањимов аст.

Набимуњаммад Хоркашев 11 карат чемпиони Љумњурии Тољикистон, 10 карат чемпиони Осиё ва 5 карат ноиби чемпиони љањон аст. Дар мусобиќае, ки рўзи 12уми ноябр дар Ќасри «Айсберг»-и шањри Сочии Федератсияи Россия бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, Набимуњаммад Хоркашев дар њайати 9-нафараи мунтахаби Тољикистон, дар вазни беш аз 100 килограмм иштирок намуд. Набимуњаммад Хоркашев, ки тайи чанд соли охир њатто дар мусобиќањои дохилиљумњуриявї иштирок намекард, дар арафаи чемпионати љањон бо даъвати Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи самбои Тољикистон ба машќу тамрин пардохт. Ў мебоист дар њайати мунтахаби самбои Тољикистон дар мусобиќоти ќањрамонии љањон ба Сочи парвоз кунад. Вале бо сабабњои оилавї натавонист бо дастаи Тољикистон якљоя сафар кунад. Њангоми суњбат бо рўзномаи «Хатлон» сабаби якљоя сафар накарданашро чунин шарњ дод: «Ваќте ки аъзои дастаи Тољикистон љамъ омаданд, маро даъват карданд, ки тайёрї бинам, лекин баъзе мушкилињои зиндагї садди роњам шуд ва натавонистам, ки якљоя сафар намоям. Кўшиш кардам, як рўз баъд њам бошад, ширкат варзам ва њамин тавр њам шуд. Мо нону намаки ин Ватанро хўрдем, њамеша омодаам, ки он чизе, ки аз дастам меояд, бањри боз њам баланд бардоштани парчами Ватани азизи худ кўшиш намоям». Набимуњаммад Хоркашев бо кўшишу талоши худ сарпараст пайдо намуд ва баъди ду рўз бо

мадади клуби варзишии «Акбар» дар чемпионат ширкат варзид. Ў 12 ноябр дар намуди самбои варзишї пас аз се пирўзї бар раќибонаш Александр Фисчетти (Иёлоти Муттањидаи Амрико), Њакимљон Исмоилов (Ўзбекистон) ва Клауди Коумен (Камерун) ба даври нињої роњ ёфт. Аммо дар ин марњилаи њалкунанда аз пањлавони Русия Артём Осипенко, ќањрамони панљкаратаи љањон, бо бартарии камтарин - 0:1 маѓлуб гардида, ба гирифтани љойи дуюм ва медали нуќраи чемпионати љањон сарфароз шуд. - Миннатдории самимии хешро ба Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мерасонам, ки бевосита ба варзишгарон таваљљуњи љиддї зоњир намуда, тўли 11 сол боз моро дастгирї мекунанд. Њамзамон, барои мусоидат ва дастгирињо љињати иштирок дар мусобиќањои сатњи љумњуриявию байналмилалї миннатдории худро ба роњбарияти Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон баён медорам, - иброз намуд Набимуњаммад Хоркашев. - Њар ваќте ки дар дигар давлатњо ќувваозмої намуда, ба пирўзї мерасам, Парчами давлатамонро боло бардошта, Тољикистонро муаррифї менамоям, - мегўяд бо ифтихор Набимуњаммад Хоркашев. - Аз ин рў, мо - варзишгарон шукронаи ин ватан намуда, њамеша барои баланд бардоштани нуфузи он сањм мегузорем. Њамватанон љањонпањлавон Набимуњаммад Хоркашевро бо гулу гулдаста ва хурсандиву нишот хуш истиќбол намуданд. Набимуњаммад Хоркашев дар баробари ба варзиш машѓул шудан дар шањри Ќўрѓонтеппа толори варзишї кушода, ба варзишгарони љавон нозукињои варзишро аз рўйи намуди самбо меомўзонад. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

ЖУРНАЛИСТ-ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТ Давлаталї Шамсов, журналист ва варзишгари 67-солаи тољик мебошад, ки дар муддати дањ соли охир Љумњурии Тољикистонро дар намуди мусобиќаи анъанавии марафони байналмилалї намояндагї мекунад. Њамчунин, бењтарин варзишгарест, ки њамеша аз мусобиќањои байналмилалї бо медал ба ватан бармегардад. Ин маротиба њам дар марафони байналмилалї, ки дар Федератсияи Россия баргузор шуд, Парчами кишварро баланд бардошту ба номи худ рекорди наверо сабт намуд. Зеро то њол аз Љумњурии Тољикистон ягон варзишгари ин намуд дар чунин синну сол соњиби медали тилло нагардидааст. Дар давоми карйераи варзишиаш ў дар мусобиќањои љумњуриявию байналмилалї соњиби 50 медал гардидааст.

Дар пешорўи Соли нави 2017 ў Љумњурии Тољикистонро дар 41-умин марафони байналмилалии кайњонї, ки дар шањри Королёвои вилояти Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, намояндагї мекард. Ин мусобиќаи байналмилалї дар шањри кайњоннавардон – Королёво бо иштироки беш аз 994 даванда аз манотиќи мухталифи Русия, инчунин, љумњурињои собиќи Шўравї – Арманистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Латвия, Литва, Тољикистон, Ўзбекистон ва Эстония баргузор шуд. - Барои иштирок дар ин мусобиќа 9 моњ тамрин намудам, - мегўяд Давлаталї Шамсов. - Боварї доштам, ки соњиби

љойи ифтихорї мегардам ва Парчами кишварамро дар арсаи байналмилалї дар 67-солагї баланд мебардорам. Ин ягона орзуям буд. Аз рўи натиљањои ба дастовардаи ў коршиносон пеш аз шурўи мусобиќа мегуфтанд, ки Давлаталї Шамсов метавонад унвони чемпиониро соњиб гардад. Њамин хел њам шуд. Ў тавонист масофаи 10 километрро дар муддати 54 даќиќаю 15 сония аввалин шуда тай намуда, бо медали тиллою туњфањои хотиравї ќадрдонї гардид. - Сарфи назар аз ин ки синнам ба 67 расидааст, боз њам мехоњам аз худ номе монаму Парчами Тољикистонро дар љањон баланд бардорам. Ваќте ки дар хориљи кишвар номи худу давлати худро мешунавам, фахр мекунам, - иброз дошт ў. Бояд ёдовар шуд, ки Давлаталї Шамсов номзад ба Устоди байналхалќии собиќадорони Федератсияи Россия, Корманди шоистаи варзиши Љумњурии Тољикистон, узви Кумитаи байналмилалии дўстдорони дав, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон, узви Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Љумњурии Тољикистон мебошад. Гузашта аз ин, 29 сентябри соли 2014 номи ў дар китоби фахрии дўстдорони дави байналмилалї сабт гашт, ки мояи ифтихори хатлониён аст. Давлаталї Шамсов аз дастовардњои соли 2017 рўњбаланд гардида, њоло барои ширкат дар мусобиќаи навбатї омодагї мебинад, ки он моњи октябри соли 2018 дар Љумњурии Арманистон доир хоњад шуд. Он љо ў дар масофаи дави 42 километру 195 метр неру хоњад санљид. Боварї дорем, ки Давлаталї Шамсов дар ин мусобиќа низ пирўз гашта, бо медали тилло бармегардад ва бори дигар Љумњурии Тољикистонро муаррифї менамояд. Барояш комёбї мехоњем. Фаромўз БОБОЕВ, “Хатлон”

Худованд одамиро бо њар шаклу намуд, аз љумла ќадпаст (лилипут), меофарад. Ашхоси ќадпаст худро дар байни одамони бузургљусса (ќадбаланд) њамеша нороњат њис мекунанд. Сокини дењаи Сарбанди Љамоати дењоти “Ќизилќалъа”-и ноњияи Хуросон Улмасхон Њаётова дар байни шаш фарзанд хурдљусса таваллуд шуд. Ў 10 июли соли 1984 ба дунё омадааст. Љоизи ќайд он аст, ки падару модар ва бародару хоњаронаш њама бузургљуссаанд. Улмасхон сухандону ширингуфтор, шўхтабиат ва мењрубону мањфилорост. Њар куљо, ки ў бошад, он љо албатта, хандаву шўхї ва хурсандї њукмрон аст. Ўро хурду бузург ва худию бегонагон мешиносанду дўст медоранд. Ин бонуи майдаљусса дар зиндагї чї мехоњад ва дилбардорињои атрофиёнро чї гуна ќабул мекунад? Биёед, лањзае бо ў њамсуњбат шуда, аз асрори дили ў огоњ гардем. Инак, суњбати мо бо Улмасхон:

Улмасхон: «Маро касе лилипут нагуфтааст» -Улмасхон, Худованд туро хурдљусса офарид ва назарат ба чунин таќдир чї гуна аст? -Таќдир будааст, чї чора? Охир, таќдирро тадбир нест мегўянд, ба ќисматам муросо карда меоям. -Номатро ба кадом хотир Улмасхон нињодаанд? -Ба умеде, ки мани хурдљусса зинда монам. -Худро дар байни одамони (њамсолон)-и бузургљусса чї тавр њис мекунї? -Њам хубу њам бад. -Яъне, чї тавр? -Дар синни кўдакї атрофиён нисбатам аз њад зиёд дилсўзу мењрубон ва ѓамхор буданд. Ин хуб аст. Баъзан ба ашхоси ќадбаланд њавасам меомаду монанди онњо шудан мехостам. Мутаассифона, ин танњо орзу буду барои ба орзуям расидан илоље надоштам. Ин бад аст албатта. -Оё туро “лилипут” гўён нафаре таъна задааст? -Не, не, њаргиз! То ба имрўз аз касе инро нашунидаам. Баръакс, аз онњо мењрубонињои зиёде медидам. -Дар мактаб тањсил кардаї? -То синфи њафтум хонда, ноилољ дигар ба мактаб нарафтам. -Ба ин чї сабаб шуд? -“Лутфу мењрубонї”-њо нисбатам бењад зиёд шуданд. Њамсинфонам маро рўи даст бардошта, аз хона ба мактаб мебурданду боз аз мактаб ба хона. Ин маро нороњат мекард. -Яъне, онњо бо ин амали “некашон” туро меранљониданд? -Агар њамин тавр гуфтан мумкин бошад. -Аввали соли 2007 ба ноњияи Љалолиддини Балхї (собиќ Колхозобод) омада, зиёда аз як сол дар хонаи холаат Сайрам зиндагї кардї. Сабаб чї буд? Шояд туро дар хонаи модарї низ меранљониданд? -Дар муњити дењот бисёр дилтанг мешудам. Ягон дугонаи ба дил наздик надоштам, ки сирри дил гўям. Бењуда нагуфтаанд, ки зањри одамро одам мебарорад. Сабаби дигар бошад, аз дасти љиянњои 8-10- солаам, њатто хурдтаракон, “гурехтам”. Онњо ба ман њамчун ба лўхтак муносибат менамуданду хурдтаракон лўхтакбозиам мекарданд. Зўрам ба онњо намерасид, аз дасташон илољи рањої надоштам. -Дар ноњияи Љалолиддини Балхї дугонаи табъи дилатро ёфтї ё не? -Холаам Сайрам дар бозор нишаста, ба тиљорат, яъне ба фурўши матоъ машѓул буд. Маро њамарўза бо худ ба бозор мебурд. Баробари вориди бозор шудан таваљљуњи њамагон љониби ман мешуд, гўё аз сайёраи дигар ба рўйи замин фуруд омада бошам.

Хурду бузург бароям роњ кушода, албатта, тани маро даст-даст мекарданд. Дар бозор дугонањои зиёд пайдо намудам. Њар яке бонавбат маро ба нўшидани як пиёла чой ё ќањва ба дўкони худ даъват намуда, бо њамин бањона соатњо аз банда “гап” мегирифтанд. Бо дугонањои навам суњбат намуда, аз лутфу марњаматашон табъам болида мегардид. -Дугонањоят кињо буданд, духтарони њамсолат ё хурдтаракон? Аниќтараш баробари синну солат дугона интихоб мекардї ё ба ќадду ќоматат нигоњ карда? -Дугонањоям њам занњои калонсол буданду њам духтарони љавоне, ки дар бозор савдогарї мекарданд. Агар, мабодо рўзе ба бозор наравам, дугонањоям, ба гумони шояд бемор нашуда бошам, ба суроѓам меомаданд. Маро гули сари сабади мањфилњояшон хонда, ба тўю маъракањояшон мебурданд. -Дар тўйњои арўсї иштирок карда, туро хоњиши арўсшавї пайдо намешуд? -Чаро не? Дили беорзу дил нест. Чи тавре дар боло ишора рафт, мехостам мисли шахсони комил бузургљусса бошаму бахтамро ёбам ва хона обод кунам. -Зиндагии худат барин одамони ќадпаст, яъне лилипутњо, маро бубахш, ки ин вожаро талаффуз кардам, барои дигарон аљиб аст. Онњо донистан мехоњанд, ки шумо чї гуна нафаронед, зиндагиатон чї сон аст, дар дил чї сирру асрор ва орзуњо доред? Оё ягон номзаде пайдо нашудааст, ки хостгорат шуда бошад? -Ман ба њама суханони пасту баланд, баљою бељо одат кардаам. Мо-лилипутњо, чуноне ки гуфтед, низ хуш зиндагї кардан мехоњем, њаёт барои мо њам ширин аст. Ягон сирри кайњонї надорем. Вале орзу карданро барои мо касе манъ нанамудааст. Дар бораи номзад гуфтед, майлаш мегўям, њарчанд то имрўз ин сирри махфии ман буд. Дар њамсоядењаи зодгоњам љавоне мисли ман лилипут (механдад) зиндагї мекард. Нисбати ман љуссааш бузургтар буд. Ў маро хостгор шуд, аммо рад намудам. Зеро як чойник обро бардошта, болои асбоби (плитаи) газї ё чакдон мондаю нон пухта натавонам, ба љойхобпартої ќувват накунам ва агар мабо-

Дар Партави Паём

Роњ ба сўйи фардои дурахшон Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмонро кормандони Китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шањри Кўлоб ба воситаи садо ва симои љумњурї шунида, рўњу илњоми тоза гирифтанд. Дар ин њуљљати муњими сиёсї њадафњои асосии давлат барои соли 2018 ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бањри рушди устувори њамаи соњањои иќтисодию хољагии мамлакат доир ба бењтаршавию баландбардории дараљаи некуањволии халќ возењу равшан баён гардидааст. Дар Паёми навбатии хеш Сарвари давлат аз љумла ќайд намуд, ки бо маќсади таъмини амнияти устувор љињати пешгирї аз хатарњои афзояндаи терроризму ифротгарої ва дигар тањдидњои замони муосир моњи майи соли 2018 дар шањри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатњи баланд дар мавзўи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгарої” ба наќша гирифта шуд. Инчунин, бо дарназардошти рушди иќтисодиёти мамлакат ва имкониятњои имрўзаи молиявї аз 1-уми сентябри соли 2018 музди мењнати кормандони соњањои буљетї ба андозаи 15% зиёд карда шуд ва ин иќдоми наљиб моро водор менамояд, ки корро боз њам

хубтару бењтар ба роњ монем. Њамзамон, бо маќсади тараќќї додани соњаи сайёњї, муаррифии шоистаи имкониятњои сайёњии мамлакат соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон гардид. Тамоюли љањонишавии фарњанг ба яке аз проблемањои глобалии асри XXI табдил ёфтааст. Бинобар ин барои баланд бардоштани сатњи маърифату маънавиёти ањли љомеа, алалхусус наврасону љавонон, яъне наслњои ояндасози миллат ва рушди фарњанги миллї такони љиддї дода шавад. Бо вуљуди ин, њоло њам нарасидани кадрњои баландихтисоси соњаи фарњанг мушоњида мешавад. Аз ин рў, Сарвари давлат Вазорати фарњанги кишварро вазифадор намуд, ки дар доираи татбиќи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соњаи фарњанг, санъат ва табъу нашр барои солњои 20182022” мушкилоти љойдоштаро бартараф намояд. Мо - кормандони Китобхона тасмим гирифтем, ки аз рўйи дастуру супоришњо ва нишондодњои муњими дар Паём зикргардида наќшаи чорабинињои оммавї тартиб дода, дар амал татбиќ намоем. Саймуњаммад Обидов, директори Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шањри Кўлоб

эътибор надорад Дипломи гумшудаи №0005750, ки онро соли 2005 муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии шањри Ќўрѓонтеппа (собиќ ОКТ №9) бо ихтисоси «Радио механик» ба Фатоев Зафар Туйчиевич додааст, эътибор надорад.

лањзаи зиндагиро фаромўш кардам. Маро ба сирки тољик ба шањри Душанбе даъват карданд. Чанд муддат дар сирк фаъолият доштам. Вале як пораи ќалбам -модари азизам дар зодгоњам мезисту ман дар шањри Душанбе. Бо њамин сабаб шартномаро бо маъмурияти сирк ќатъ гардонидам. -Улмасхон, дар њаётат касеро ранљонидаї? -Таассуфи зиёд, ки як хеши дар мусофирати мењнатї будаамро ранљонидаам. Воќеа чунин буд. Дар давлати Русия хешовандони зиёдам ба мардикорї машѓуланд. Чанд сол ќабл писарамакам Хуршед барои онњо хешу таборро ба сабти видеої бардошт, маро низ ба навор гирифта, хоњиш намуд номи њар якеро алоњида ба забон гирифта ба онњо салом расонам. Њамин тавр њам кардам. Аммо ба як нафарашон-хешбачаам акаи Шарифалї “ўро намешиносам” гўён саломаш нарасондам ва ў дар байни дигарон худро ноњинљор њис намудааст. Кўњ ба кўњ намерасаду одам ба одам мерасад. Баъди як моњ дар як тўй мо рў ба рў шуда мондем. Акаи Шарифалї гилагузорї карда гуфтанд, ки ўро дар назди хешовандон дар хиљолат монондааму аз ман ранљидааст. Аз ин гилаи вай банда низ шарм дошта, аз вай бахшиш пурсидам. -Улмасхон, аз њама бештар чиро дўст медорї? -Аввал Худои офаранда, баъд модару ватан ва боз зиндагиро, албатта! -Чиро бад мебинї? -Дурўѓгўї, худписандї ва хиёнатро. -Чї орзу дорї? - Пайдост, ки Тољикистони азизам аз файзу баракати Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон рушду тараќќї ёфта, ободу зебо мешавад. Орзу дорам, ки муњтарам Эмомалї Рањмон моро доимо роњнамою роњкушо ва соябон бошад. Сулњу вањдати миллї абадї бимонад. -Мо дар остонаи Соли нави милодии 2018 ќарор дорем. Туро аз номи ањли ќалами рўзномаи вилоятии “Хатлон” ба ин ид табрик намуда, орзуи онро дорем, ки њамеша тансињату хушбахт бошї ва дар њаёт хориро набинї. -Ташаккур, ташрифи “Хатлон” бароям як љањон хушбахтї овард. Боз биёед...

до бо мењрубонию хости худованд тифлеро таваллуд кунаму вайро рўи даст бардошта натавонам, пас, чунин зани “ноуњдабаро” (!) ба кї лозим аст? -Ту худро хушбахт мењисобї? -Албатта! Њаёт худ хушбахтист. -Дар бозор, яъне пањлуи холаат нишастанат ба савдои ў таъсире мерасонд? Содатар карда гўем, савдояш гарм мешуд? -Набошад чї! Харидорон ба хотири ман молњои холаамро бештар харидорї мекарданд. -Ба ќавле ту “тўмор”-и савдои холаат шуда будї? -Э, аз “тўмор”њам зўртар (механдад). -Боз ба хонаи падарї баргашта, њоло дар ин љо њамроњи ањли оила зиндагї дорї, оё ба ин ягон сабабе буд? -Бародарону хоњаронам камол ёфта, соњиби оила ва хонаи худ шуда, бо мурури ваќт аз хонаи падарї баромада, дар алоњидагї мезистанд. Дар хона модару оилаи як бародарам монд. Аз ин рў, ба оила баргашта, модарро њамроњї мекунам. Ња, як

С. АТТОР, “Хатлон”

Кемоникс Интернешнл ИНК Лоиња оид ба кишоварзї ва обёрї дар доираи ташаббуси “Озуќаворї ба хотири оянда” Вазифа: фаррош Навъи вазифа: корманди дарозмуддати кумакрасони мањаллї Њисобот медињад ба: корманди маъмурї Мањалли љойгиршавї: Ќубодиён Санаи охирони супоридани њуљљатњо: 5 январи соли 2018 Пешгуфтор Лоињаи ЮСАИД оид ба кишоварзї ва обёрї дар доираи ташаббуси “Озуќаворї ба хотири оянда” (“Лоиња”) ташаббуси сесола ва љузъи асосии барномаи умумии “Озуќаворї ба хотири оянда”-и ЮСАИД дар Тољикистон аст. Маќсади лоиња баланд бардоштан, гуногун сохтан ва бењтар кардани арзиши мањсулоти кишоварзї барои њалли мушкили норасоии ѓизо ва афзоиши содироти мањсулот дар бозорњо мебошад. Лоиња барои њалли масоили гуногунсозии хўрокворї ва норасоии ѓизо ба панљ бахши муњими соњаи кишоварзї, аз љумла машваратњои кишоварзї, истењсоли сабзавот, меваљот мањсулоти ширї ва истифодаи оби обёрї, бештар таваљљуњ мекунад. Дар натиљаи фаъолияти Лоиња истењсоли мањсулоти кишоварзї афзоиш хоњад ёфт ва ин бевосита ба њалли мушкили норасоии витамини А., руњ ва сафеда дар хўрокворињои мањаллї мусоидат хоњад намуд. Маќсади кор: Маќсади кор таъмин намудани тозагии дафтари Лоиња дар Ќубодиён Вазифањо ва уњдадорињои асосї: Масъулиятњои асосї аз бахшњои зерин аз инњо иборатанд: Њар рўз ва ё дар њолати зарурї биноњо, гилемњо ва фаршњои зердафтарро тоза намояд. Њама љойњои бинои таъйиншуда барои истифода бурдан тоза нигоњ дошта бошад. Тозагии љевон, курсї, миз, дар, тиреза ва дигар таљњизотњои кориро таъмин намояд. Сари ваќт тоза намудан ва нигоњ доштани контейнерњои партовњо. Њамаи дигар вазифањои маъмуриеро, ки аз љониби корманди маъмурї ва ё шахси ба љои ў таъйин-намуда пешнињод карда мешавад, иљро менамояд. Мутобиќат бо ќонунњои FSAID Кодекси касбии ихтиёрии этикї ва шартномаи мењнатии инфиродї дар тамоми фаъолиятњо. Талаботњо: -Таљрибаи корї дар соња; Дорои малакањои хуби муоширатї; Донистани ќоидањои гигиена ва санитарияи биноњои маъмурї. Лутфан мактуби тавзењї ва СV-и худро ба суроѓаи зерин: ноњияи Ќубодиён, кўчаи Љавонї 12, ба офиси шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Љалолиддини Балхї 35 «А» ирсол кунед. Ё бо нишони электронии admin@tawa.tj фиристед. Муњлати охирини ќабули њуљљатњо 5 январи соли 2018 мебошад. Мо бо довталабони ботаљриба дар тамос хоњем шуд. Кемоникс як кордињандаи ироакунандаи имкониятњои баробар мебошад ва дар таљрибаи интихоб ва кирои кормандони худ нисбати касе дар асоси нажод, ранги пўст, дин, љинс, тааллуќияти миллї, тамоюли љинсї, њувияти гендерї, вазъи оилавї, маъюбї, иттилооти генетикї, синну сол, узвият дар ташкилоти коргарї ё омилњои ѓайримоддї табъиз намекунад.

Таъзия Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ба сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Рањимзода нисбати даргузашти њамсараш њамдардї изњор намуда, ба наздикону пайвандони марњум аз даргоњи Худованди карим сабри љамил хоњонанд.


4

ХАТЛОН

Душанбе, 1 январи соли 2018, №1 (3138)

Гулбарг Машарафи Ашўрмад 18 сентябри соли 1947 дар дењаи зебоманзари Саричашмаи Љамоати дењоти Саричашма, ноњияи ба номи Шамсиддин Шоњин дар оилаи дењќон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 11 соли 1965 ба Донишгоњи аграрии Тољикистон, факултаи ветеринарї (байторї) дохил шуда, онро соли 1970 ба дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоњ дар вазифањои гуногун фаъолият намудааст. Аз љавонї ба навиштани шеър майл дорад. Вай китобњои «Саричашма», «Сармасти ишќ», «Панднома», «Чакидањо»-ро нашр намудааст. Њоло аз пайи чопи китоби “Кафи хоки ту бас” мебошад. Инак, чанд шеъри тозаэљоди ўро пешкаши хонандагони рўзнома мегардонем.

Руљўи Пешвои Миллат Ман набигзорам, ки дар рўи љањон Љанг гардад њокиму Фармонраво, Ман набигзорам, ки дар њар хонадон, Љои шодї ѓам биёмад, мутакко, Ман барои сулњи дунё омадам! Дар љањон бодо танинандоз сулњ, Њамдаму њамќисмату њамроз сулњ, Бар њама халќи љањон дамсоз сулњ, Тољикистонро шавад анбоз сулњ, Ман барои сулњидунё омадам! Ман ќасам хўрдам ба назди анљуман, Њам ба номи халќу бо номи Ватан, Ханда бар лаб то ки бошад халќи ман, Нест бањри ў дареѓ ин љону тан, Ман барои сулњи дунё омадам! Ёд орам он њама рўзи сиёњ Њоли халќи ман басе буди табоњ, Аз хиёнаткорї сар то по гуноњ, Рахт баста халќ шуд бе сарпаноњ, Ман барои сулњи дунё омадам! Миллату давлат бимонда дар хатар, Шуд фирорї тољик аз мулки падар, Луќмаи нонаш агарчи гашта зањр, Шукри бењад, оќибат омад зафар, Ман барои сулњи дунё омадам! Нестам осуда дар умрам даме, То ба олам њаст ношод одаме, Мешавам бар дарди мардум марњаме, Мардумон бошанд бо њам њамдаме, Ман барои сулњи дунё омадам! Вањдат омад,давлатам обод шуд, Вањдат омад ,тољики ман шод шуд, Тољикистон мулки њуснобод шуд, Азми нопоки аду барбод шуд, Ман барои сулњи дунё омадам! Миллати аз дарси таърих бохабар, Ин сабаќро њељ аз ёдат мабар, Нест аз ханљаркашї моро самар, Алњазар аз љанг,моро,алњазар! Ман барои сулњи дунё омадам! Ман ќасам бо шири модар хўрдаам, Бар њама ёру бародар хўрдаам Бар шумо,эй ањли кишвар,хўрдаам, Бо каломи Хаќ баробар хўрдаам, Ман барои сулњи дунё омадам! Ман барои сулњи дунё омадам!

«Хатлон»

Ватан

дар партави Паём

Хатари экстремизм ва терроризм ба љомеа Экстремизм ва терроризм аз мафњумњоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони њама шудааст ва ин ду мафњум ба њам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравї, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоњи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва вањм» аст. Террористон мехоњанд маќсаду мароми худро бо роњи зўроварї, куштор, тарсу вањм амалї созанд. Террор кардан љомеаро ба њолати тарсу вањшат ва ноумедї афкандан аст. Яке аз масъалањои љиддии замони муосир, ки хатари минтаќавию байналмилалиро ба бор овардааст, афзудани раванди экстремизм (тундгарої), ифротгарої ва дањшатафканї (терроризм) ба њисоб меравад ва амалан дар њамаи ќитъањои љањон тамоюли пањншавиро дорад. Аксаран ин амалњо зери ниќоби шиорњо ва арзишњои динии бебунёд сурат мегиранд. Хусусиятњои экстремизм ва терроризм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурўњњои номатлуб шомилшуда бо роњи љалб намудан ва тадриљан таѓйир додани тафаккуру эътиќоди онњо зери ниќоби афзалиятњои динї зоњир мегарданд. Намояндагони гурўњњои дањшатафкан дар навбати аввал бо љавононе кор мекунанд, ки таљрибаи кофии рўзгор надоранд, донишњои дунявї ва диниашон суст буда, дар зиндагї бо мушкилоте, чун ќашшоќї, бекорї, муњољират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки таѓйироти афкору рафтори афроди

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир: Асалмо САФАРОВА

љалбшаванда тадриљан ноаён сурат мегирад ва зери ниќоби асосњои диние, ки ба тарзи шубњанок тафсир мешаванд, атрофиён на њамеша метавонанд сари ваќт нишонањои ташвишоварро пай баранд ва дар натиља фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани њолат имкон дорад, аз даст медињанд. Аз њамин сабаб намояндагони маќомоти давлатї, сохторњои динї, маориф дар мавриди тадбирњои пешгирї таъхир мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани ифротгарої ва дањшатафканї дар байни љавонон мешавад. Њолатњои мазкур аз он шањодат медињанд, ки терроризм ва экстремизм дар шароити кунунї дорои хусусияти байналмилалї буда, мубориза алайњи он њамкории зич ва мутаќобилаи кишварњоро таќозо менамояд. Имрўзњо терроризм ва экстремизм дар кирдорњои худ шаклњои гуногуни яроќро интихоб намуда, ба давлатњои абарќудрат муќобилияти шадид нишон дода истодаанд, ки аз хатари аслии терроризм ва экстремизм ба љомеа шањодат медињад. Њар кадоми мо солњои охир шоњиди њодисањое мебошем, ки баъзе доирањои байналмилалї тавассути расонањои иттилоотї, алалхусус шабакањои иттилоотии интернет бо истифодаи моњирона аз ноогоњиву бехабарии гурўњњои алоњидаи љавонон, равандњои сиёсиву иљтимоиро таѓйир доданї мешаванд. Бинобар ин њам, яке аз масъалањои мубрами рўз зарурати

бартараф намудани рушди терроризм ва экстремизм аст. Аз ин рў, ба муќобили экстремизм, терроризм хамчун зуњуроти номатлуби замони муосир, ки барои љомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурда, барои пешгирї намудани онњо чорањои мушаххаси тарбиявї андешидан зарур аст. Ќобили ќайд аст, ки бо маќсади пешгирии экстремизм, терроризм ва иљрои уњдадорињои байналмилалї Љумњурии Тољикистон соли 1999 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро ќабул намудааст, ки дар он маќсади ќабули Ќонун, мафњуми терроризм, фаъолияти террористї, субъектњои бевоситаи бо терроризм муборизабаранда дар Љумњурии Тољикистон, вазорату идорањо муайян карда шудаанд. Дар баробари ин, соли 2003 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)» ќабул шудааст, ки дар он низ маќсади ќабули Ќонун, мафњуми экстремизм, кирдорњои экстремистї, субъектњои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторњо дар мубориза бар зидди экстремизм дарљ гардидааст. Аз љумла, мутобиќи Ќонуни мазкур экстремизм ин изњори фаъолияти ифротии шахсони њуќуќї ва воќеї ба даъвати нооромї, дигаркунии сохти конститутсионї дар давлат, ѓасби њокимият ва тасарруфи салоњияти он, ангезонидани нажодпарастї, миллатгарої, бадбинии иљтимої, мазњабиро дар бар мегирад. Пешгирии экстремизм, терроризм њамчун

зуњуроти номатлуби замони муосир усулњо ва воситањои гуногунро дар бар мегирад, аз иттилоот сар карда, то омода намудани (волонтёрњо) ихтиёриён аз њисоби чавонон, то он ки муошират бо љавонон дар сатњи баробар сурат гирад. Зарур аст, ки ба мутахассисоне, ки бо љавонон кор мекунанд, боз маълумоти бештар оид ба экстремизм, терроризм ва дигар зуњуроти номатлуби замони муосир пешкаш намудан лозим аст. Дар баробари ин, љомеаи љањонї бояд садди роњи бадном сохтани дини мубини ислом аз љониби доирањои ѓараздори сиёсї гардад. Аз ин рў, комилан зарур аст, то њукуматњои кишварњои олами ислом ва ходимони бонуфузи динї ба он ноил шаванд, ки садои мањкумсозандаашон бар зидди экстремизм, терроризм дар дохили мамлакаташон ва њам берун аз марзњои он ба таври возењ шунида шуда, воќеан дастраси умум гардад. Ќобили таъкиди хос аст, ки экстремизм, терроризм ягон дину мазњаби мушаххас, пайдоиши этникї, миллат ва љойгиршавии доимии љуѓрофї надорад. Кўшишњои бо њам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазњаби мушаххасе дар воќеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кўшишњоро ќатъиян мањкум намудан лозим аст. Хулоса, барои пешгирї кардани экстремизм ва терроризм бояд њамаи ќишрњои љомеа масъулият эњсос намуда, дар якљоягї бо он мубориза бурда, љомеаро аз гирдоби дардноки оќибати он эмин нигоњ доранд. Р. Мањкамов, Х. Назифов, сармутахассисони Раёсати ёрии њуќуќї ба шањрвандон ва кори њуќуќии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдорон: Носирљон МАЪМУРЗОДА, Њусейн МАЛИКОВ Тарроњ: Зафарљон Азизов

Садќаи номи накўят, эй ватан, Шукри њусну рангу бўят, эй ватан. Њар куљо бошам, чу фарзанди азиз, Дил бувад дар орзўят, эй ватан. Чашмасорат чашмаи иќболи ман, Кўњсорат аз баландї фоли ман. Сарбаландам бо ту дар рўи замин, Каъбаи ман, ишќи ман, аъмоли ман. Бо ту дорам олами ишќу њавас, Ахтари иќбол бо ту дастрас. Моли дунёро чї љўям баъд аз ин, Аз барои ман кафи хоки ту бас. Каъбаи ормони ман њастї, ватан, Дарди ман, дармони ман њастї, ватан. Бо ту њастам сарбаланду комгор, Љони ман, љонони ман њастї, ватан. Модар Омодаам, ки љонро созам фидои модар, Бошад басанда бар ман дасти дуои модар. Вољиб марост доим таъзими ў намудан, Бар дида сурма созам ман хоки пои модар. Ширин зи ангубин аст аз бањри тифлаконаш, Дилљўй “Алла”-и ў, њарфу њиљои модар. Бе рўи модари љон њар кулба тор бошад, Ќасре намояд онро нуру зиёи модар. То зиндаам ба дунё бедардиаш таманно, Дар ќалби ман фурўзон мењру вафои модар. То њаст зиндагонї хоњам чу гул шукуфад, Ашке дигар набинад чашми сиёњи модар. Талхию сардї дорад умри азизи одам, Пасташ барои ман бод, боло барои модар. Дурам масоз ё Раб, аз назди он муќарраб, Моно, ки љон супорам дар пеши пойи модар.

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 30.12.2017 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8000 нусха Нишонии мо: шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Логинов 12. Телефони сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
шумораи №1, соли 2018 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu