Имруз 16 17 2017 10 ноябр

Page 1

"Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст." Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 16-17 (344-345) // аз 10 ноябри соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62

16 ноябр - Рӯзи Президент

10 ноябр - Рӯзи милитсия

Ба Пешвои миллат

Шаҳомате, ки дорӣ ту, шаҳомати ҷаҳонӣ шуд, Наҷобате, ки дорӣ ту, наҷобати ҷаҳонӣ шуд.

Ба ваҳдатофарандагӣ ҷаҳоншинохта гаштаӣ, Сиёсате, ки дорӣ ту, сиёсати ҷаҳонӣ шуд. Ба ҷоннисориҳои хеш ту ҷони ин Ватан шудӣ, Садоқате, ки дорӣ ту, садоқати ҷаҳонӣ шуд. Нишондӣ миллати азиз ба тахти ифтихориаш, Шарофате, ки дорӣ ту, шарофати ҷаҳонӣ шуд. Ҳама касони мулки мо баробару бародаранд, Адолате, ки дорӣ ту, адолати ҷаҳонӣ шуд. Тамоми ин Ватан зи ту ризову шукри ту кунад, Саодате, ки дорӣ ту, саодати ҷаҳонӣ шуд.

Асосгузори давлати навини мо тӯӣ, тӯӣ, Рисолате, ки дорӣ ту, рисолати ҷаҳонӣ шуд.

Ҳомӣ

Ҳомии номусу виҷдони Ватан, Бонии уммеду армони Ватан, Дар ниҳодат ишқи сӯзони Ватан, Дар лабонат ҳарфи паймони Ватан, Дар дилат сарҷӯйи имони Ватан, Нӯш бодат луқмаи нони Ватан. Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош! Ҳомии оромии мо, зинда бош! Марди ваҳдатофари олиназар, Пуштибони қалби решу чашми тар, Синаат баҳри Ватан бошад сипар, Дар вафо истодаӣ шому саҳар, То ки бошад зиндагонӣ бехатар, Ҳар нафас аз ҷони худ созӣ гузар, Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош! Ҳомии оромии мо, зинда бош! Ҳеҷ ҷурме нест аз чашмат ниҳон, Ҳар хато бошад ба чашми ту аён, То ки ширин бод хоби кӯдакон, То ки бошад сулҳ умре ҷовидон, Ваҳдати моро ту ҳастӣ посбон, Дур аз оғӯши ёри меҳрубон. Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош! Ҳомии оромии мо, зинда бош! Менагардӣ ҳеҷ гаҳ аз пушти ком, Суди безаҳмат туро бошад ҳаром, З-ин сабаб байни ҳама хурду бузург, Бас азиз астию соҳибэҳтиром, Ҳамчу машъал рӯзу шаб истодаӣ, Дар дифои иззату номусу ном. Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош! Ҳомии оромии мо, зинда бош! Эй бақои ваҳдату созандагӣ, В-эй давои ҷаҳлу зулму бандагӣ, То ту ҳастӣ, ҳаст нури зиндагӣ, Миллатамро нусрату пояндагӣ, То ту ҳастӣ, нест миллатро дигар, Хорию зорию сарафкандагӣ. Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош!

Ба ҳафтавори ҷамъиятиву сиёсии "Имрӯз" обуна шавед! Нархи обуна ба ҳафтавори ҷамъиятиву Ҳисоби бонкии мо: Р\ҳ: 20202972750700011632, РМА 550006563, сиёсии "Имрӯз" 55 сомонӣ буда, он ҳам бо РМБ 350101369, С\м 20402972413691 бахши тариқи нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ дар МарИсфарагии ҶСК "Ориёнбонк". кази алоқаи почтаи шаҳри Исфара қабул Телефон барои маълумот (83462) 2 46 70, карда мешавад. 92 734 22 44.

Ҳомии оромии мо, зинда бош! Шукри будат мекунам гурди замон, Заҳмати ту зеби садҳо достон, З-ақли сарду қалби гарму дасти ту, Аҳриманзоде намеёбад амон, Хору хас кам шуд агар дар рӯзгор, Соф бошад дар сари мо осмон. Рӯзу шабҳо ҳомии мо, зинда бош! Ҳомии оромии мо, зинда бош! Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ, директори МТМУ №25-и деҳаи Чоркӯҳ, узви Иттифоқи журналистониТоҷикистон.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.