Skip to main content

Дастур

Page 1

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

(Ба кӯмаки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ)

Исфара - 2015 1


- Љумҳурии Тољикистон чун давлати соҳибистиқлол кай арзи вуљуд намудааст?

-Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд намудааст. Эъломия барои соҳибистиқлолии кишвар 24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Точикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) қабул намуд. 9 сентябри соли 1991 Ичлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум "Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон"- ро қабул намуд. - Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон кай қабул шудааст?

-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи 2


умумихалқӣ қабул шудааст. Ҳамон рӯз дар як вақт интихоботи Президенти кишвар низ доир гардида буд. - Кадом солњо ба Сарқонуни Љумҳурии Тољикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст?

- Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон баъди қабули он соли 1994 дар солҳои 1999 ва 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шуд. Зеро тибқи талаботи Сарқонун ба он танҳо тавассути раъйдиҳии умумӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. - Љумҳурии Тољикистон чї гуна кишвар аст?

-Мутобиқи моддаи 1-и Сарқонуни кишвар Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

3


-Ибораи «давлати соҳибихтиёр» чї маъно дорад?

-Давлати соҳибихтиёр, яъне давлатест, ки мустиқил аст ва сиёсати хориҷиву дохилии худро дар асоси талаботи аҳолии кишвар бо назардошти манфиатҳои давлативу миллӣ пеш мебарад. Зери таъсири ғоя ва идеологияи давлатҳои дигар қарор надорад.

-Зери љумлаи «Тољикистон давлати дунявї аст» чиро мефаҳмед?

-Ин нукта дар моддаи 1 Сарқонуни кишвар қайд шудааст. Ба он хотир дунявӣ мебошад, ки дар он афзалият ба ин ё он гурӯҳ, ё дину оин дода нашудааст. Ҳамаи динҳои ҷаҳон ҳуқуқи фаъхолияти бевоситаро доранду инчунин табақаҳои ақалият чӣ аз нигоҳӣ, динӣ ва чи аз нигоҳи иҷтимоиву майлони ҷинсӣ зиндагӣ карда метавонанд. - Рамзҳои давлатии Љумҳурии Тољикистон кадомҳоянд? 4


-Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба моддаи 3 Сарқонуни кишвар ин Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. - 10 декабри соли 1994 дар таърихи ҲХДТ чї воќеа рух дод?

- 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. - Президенти Љумҳурии Тољикистон Эмомалї Рањмон кай Раиси ҲХДТ интихобгардид?

- 18 апрели соли 1998 Анҷумани IV-уми ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард. - Дар кадом мақомот таъсис додан ва ба роњ мондани фаъолияти ташкилоти ҳизбҳои сиёсї мумкин нест? 5


-Мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ниҳодҳои қудратӣ таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ мумкин нест. Инчунин ин гуна ташкилотҳо наметавонанд, ки дар бинои мақомоти идоракунии давлатӣ ва ё муассисаҳои таълимӣ ҷойгир бошанд. - Киҳо аъзои ҳизби сиёсї шуда наметавонанд?

-Аъзои ҳизб шуда наметавонанд онҳое, ки дар як вақт узвияти ҳизби дигарро доранд, шаҳрвандони хориҷӣ, онҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд ва ё дар хизмати ҳарбӣ мебошанд. Инчунин ба узвияти ҳизб нафароне, ки суд ё мақоми дахлдор ғайриқобили амал донистааст, пазируфта намешаванд.

6


- Оинномаи ҲХДТ кай дар таҳрири нав қабул гардид?

- 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. 18 декабри соли 2004 Анҷумани VIII ҲХДТ асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нав интихоб намуд. Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тасдиқ карда, ба Оинномаи ҲХДТ тағйиру иловаҳо ворид сохт. 26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе Анҷумани X-уми ҲХДТ баргузор гардид, ки дарон ба Оинномаи ҲХДТ тағйироту иловаҳо ворид гардида, Барномаи нави ҲХДТ қабул шуд. Ин гуна тағйирот дар Анҷумани охирин низ декабри соли 2014 ворид карда шуд.

7


- Мақсади фаъолияти ҲХДТ аз чї иборат аст?

Дар моддаи 1.1 Оинномаи ҲХДТ омадааст: Ҳизб барои иттиҳоди нерўҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некўаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кўшиш менамояд. - Узви ҳизб дар куљо ба қайди ҳизбї гирифта мешавад?

- Қабул, ба узвияти ҳизб дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо дастгирии аксарият сурат гирифта, баъди тасдиқи қарори ташкилоти ибтидоӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад. (Моддаи 2.2. Оиннома) - Ба сохторҳои ҳизбї чиҳо дохил мешаванд? 8


- Сохторҳои ҳизб дар асоси усули истеҳсолию ҳудудӣ созмон меёбанд. Ба сохторҳои ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дохил мешаванд. (Моддаи 3.1. Оиннома) - Ташкилоти ибтидої чї тавр созмон дода мешавад?

- Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд. (Моддаи 3.1. Оиннома) - Анљумани ҲХДТ кадом корҳоро ба анљом мерасонад?

- Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: 9


- ҳисобот ва гузоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Комиссияи марказии тафтишотӣ, дигар мақомот ва шахсонеро, ки аз тарафи Анҷуман интихоб мегарданд, шунида, қарорҳои дахлдор қабул менамояд ва ба фаъолияти онҳо баҳо медиҳад; - Барнома ва Оинномаи ҳизбро қабул намуда, ба онҳо тағйироту иловаҳо дохил мекунад; - Парчам, Нишони ҳизб ва Низомномаи истифодабарии онҳоро тасдиқ менамояд; - Намунаи шаҳодатномаи ягонаи ҳизбиро тасдиқ менамояд; - фаъолияти ҳизбро дар соҳаи сохтмони ҳизбӣ, кори идеологӣ, сиёсати дохилӣ ва берунӣ муайян менамояд; - мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд. (Моддаи 3.17. Оиннома). 10


- Заминаҳо ва сабабҳои таъсисёбии ҲХДТ дар чист?

- Нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон). Он дар заминаи талаботи вазъияти баамаломадаи ҳамонвақта, муттаҳид кардани нерӯи пешқадам ва ваҳдати миллӣ ба амал омад. - ҲХДТ чї гуна ҳуқуқ ва имтиёзҳо дорад?

-ҲХДТ аз он имтиёзҳое, ки дар қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” омадааст, бархӯрдор мебошад. Ин - номзадҳоро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақомоти интихобии ҳокимияти давлатӣ пешбарӣ намояд; - дар тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсиҳо ва интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок намояд; 11


- дар гуруҳҳои доими ё муваққатии вакилон муттаҳид шавад ва дар мақомоти намояндагӣ дигар идтиҳодияҳо барпо намояд: - маълумотро дар бораи фаъолияти худ ба таври шифоҳи, хаттӣ ва дар шаклҳои дигар озодона интишор намояд, мақсад ва вазифаҳои худро тартибу ташвик кунад, ҳуҷҷатҳои барномавии худро дошта бошад; - нашриётҳо ва васоити ахбори умумии худро таъсис диҳад; - аз васоити давлатии ахбори умум, аз он ҷумла матбуот, радио ва телевизион истифода намояд; - маҷлисҳо, митингҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад; - бо ҳизбҳои сиёсӣ ва идтиҳодияҳои сиёсии хориҷӣ робита ва алоқаҳои байналхалқӣ муқаррар намояд ва онҳоро дастгирӣ кунад; - ба иттифоқҳои байналхалқӣ ва ассосиатсияҳо дохил шавад; - мувофиқи мақсад ва вазифаҳои оинномавии худ шуъбаҳо ва намояндагиҳо ташкил намояд; - мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 12


ва Оинномаи худ фаъолияти хоҷагӣ, молиявӣ ва дигар фаъолиятро ба амал барорад; - бо дигар хизбхои сиёсӣ ва идтиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ бандад, муносибатҳои шартномавӣ барқарор кунад. - Мақоми олии ташкилоти ҳизбии ноҳиявї, шаҳрї, вилоятї чист?

- Мақоми олии ташкилотҳои ҳизбии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ – Конференсия мебошад, ки аз рўи зарурат, вале камаш як маротиба дар дувуним сол даъват карда мешавад. Конференсия кумитаҳои иҷроия ва комиссияҳои тафтишотии ташкилоти ҳизбии вилоят, шаҳр ва ноҳияро интихоб мекунад. Сармуҳарирони нашрияҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар конференсияҳо интихоб мегарданд. Тартиби гузаронидани овоздиҳиро дар интихоботи мақомоти иҷроияи ҳизб конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муайян мекунанд. 13


Конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбии дахлдор даъват карда мешаванд. - Шиори ҲХДТ чист?

- Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум. - Узви ҳизб дар ҳолати набудани ташкилоти ибтидої дар куљо ба қайд гирифта мешавад?

-Узви ҳизб дар ин сурат дар кумитаи иҷроия ба қайд гирифта мешавад. - ДарТољикистон кадом ҳизбҳои сиёсї фаъолият доранд?

-Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Инҳо ҲАТ, ҲДТ, ҲИИТ, ҲКТ, ҲНИТ, ҲСТ, ҲСДТ, ҲХДТ мебошанд. - Љомеаи шаҳрвандї чӣ гуна љомеа аст? 14


-Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаест, ки дар он иштироки ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар идоракунии давлат бавосита ва ё бевосита амалӣ карда мешавад. Унсурҳои демократӣ ва озодии шаҳрванд таъминанд. - Мақоми олии намояндагии қонугузори Љумҳурии Тољикистон кадом аст?

-Мутобиқ ба моддаи 48 Сарқонуни Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагии қонунбарор буда, он аз ду маҷлис иборат аст. Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон. - Давлати ҳуқуқбунёд чї гуна давлат аст?

- Давлатест, ки дар он волоияти қонун амал мекунад ва ҳама дар назди қонун баробар буда, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон новобаста аз мутааллиқоти диниву мазҳабӣ, баромади иҷтимоиву ҷинсӣ 15


ва нажодӣ, синну сол ва мансабу вазифа ҳифз карда мешавад. - Ҳадафи асосии сиёсати давлатии Љумҳурии Тољикистон дар марҳилаи муосири рушд чї гуна матраҳ мегардад?

- Ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва шарикони хориҷӣ ба щисоб рафта, далели равшанаш бунёди корхонаву муассисаҳо ва нерӯгоҳҳову роҳҳо мебошад. - Шомил шудан ба узвияти созмони умумиљаҳонии савдо барои соҳибкорони тољик чї гуна самараҳои мусбат мебахшад?

- Роҳ ёфтан ба бозорҳои умумиҷаҳонӣ, мубодилаи бемалоли коло байни давлатҳои аъзо, мутобиқ ба меёрҳои ҷаҳонӣ кардани маҳсулоти истеҳсолмешуда ва роҳ кушодан ба бозори ҷаҳонӣ самараҳои мусбат барои соҳибкорон аст. - Минтақаи озоди иқтисодї чист? 16


-Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳудуди муайянест, ки аз тарафи давлат барои ҷалби бештари соҳибкорони хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа бо фароҳам овардани имтиёзҳо таъсис дода мешавад. Минтақаи озоди Суғд ва Панҷ аз ин гуна минтақаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. - Шумо барои чї аъзои ҳизб шудед?

-Барои ҳимояти манфиатҳои гурӯҳӣ, зеро он манфиати инфиродии сиёсиву динӣ ва ҷамъияте, ки ман дорам бо манфиатҳои ҲХДТ як хел мебошад. - ДарТољикистон ҳаёти љамъиятї дар асоси чї сурат мегирад?

-Дар асоси талаботҳои муайянкардаи Сарқонуни кишвар ва дигар қонунҳои амалкунанда ва сандҳои байналхалқӣ сурат 17


гирифта, бо назардошти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони он дар маҳалҳо роҳандозӣ мегардад. - Дар бораи фаъолияти ТЉЉ «Созандагони Ватан» маълумот дињед.

- ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташкилоти ҷамъиятӣ буда, он дар асоси Оинномаи худ амал мекунад ва қаноти боэътимоди ҲХДТ мебошад.

- Оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизбхои сиёси» маълумот доред?

-Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” аз панҷ бобу 26 модда ибора буда, он соли 1998 қабул шудааст.

18


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Дастур by Абдумуталиб Шарипов - Issuu