Имруз 8 9 2017

Page 1

"СОЛИ 2017- СОЛИ ҶАВОНОН" "Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд." Эмомалӣ РАҲМОН.

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 8-9 (336-337) // аз 11 апрели соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62

Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

Мувофиқ ба қонуни ҶТ «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», дар асоси фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои марбутаи раисони вилоят ва шаҳр гурўҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Ба ин муносибат дар майдони ба номи Исмоили Сомонии маркази шаҳр бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайван-

дони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намуда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ 73 нафар даъватшавандагон, аз ҷумла 11 нафар аз ҷамоати деҳоти Ворух, 8 нафар аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 7 нафарӣ аз маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Шаҳраку Кўлканд баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Артиши миллии мамлакат фиристода шуданд. Ҳамаи ин самараи корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ мебошад, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо кор-

Соҳибкори маҳаллӣ Абдуҷалил Савриддинов барои худ ҷабҳаи дигари анҷоми кори савобро ба осонӣ дарёфт кард. Соҳибкори саховатманд ба 220 нафар табобатгирандагони беморхонаи вилоятии касалиҳои руҳӣ (воқеъ дар деҳаи Лаккон) 220 маҷмӯъ сарулибос ва пойафзолҳои занонаву мардона, сарпечу сачоқ, лавозимоти рахти хоб ва 1 тонна орду миқдори муайян биринҷу макарон ва равғану қандро ҳадя фиристод.

мандони комиссариати ҳарбӣ ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар фосилаи байни аз даъват то даъват роҳандозӣ намудаанд. Тавре раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни суханронӣ ва муборакбодии худ қаноатмандона изҳор дошт, дар натиҷаи роҳандозии дурусти корҳои мафкуравӣ руҳияи ватандӯстонаи ҷавонони Исфарамарз пайваста боло меравад ва шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ва ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, тадриҷан зиёд мегардад. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин собиқадори меҳнат Гулафзо Савриддинова, падари даъватшаванда аз деҳаи Чилгазӣ Ҷӯрабой Обидов ва модари даъватшаванда аз деҳаи Чоркӯҳ Мавлуда Худойдодова баромад намуда, нахуст ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос ва миннатдорӣ карданд. Зимнан баромадкунандагон аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ

ёдовар шуда, бо тазаккури зарурияти дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат, ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназирро таманно намуданд. Ҷавони ба тозагӣ аз хизмати ҳарбӣ баргашта Абдуқавӣ Исмонов аз ҷамоати деҳоти Кӯлканд иброз дошт, ки аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ будан, мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар ва насими форами зодгоҳ аст. Даъватшаванда аз деҳаи Ворух Шервон Турдиев баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷавонон набояд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд. Ӯ аз номи 73 нафар ҷавонони баору номус, далеру ҷасури исфарагӣ дар назди ширкатдорони ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳанд кард. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва гурўҳи сарбозон анҷомбахши ин ҷамъомади бошукўҳ буд.

Кӯмаки соҳибкор ба беморхона Имоми масҷиди маҳаллаи Бинокор Абдураҳмон Раҳимов ва сокини ҳамин маҳалла Абдумуқим Музаффаров, ки кӯмаки мазкурро то ба беморхона расониданд, мегӯянд, ки дар ин рӯз ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкор Абдуҷалил Савриддинов дар Лаккон барои беморони касалхона аз 40 ки-

лограмм биринҷ оши палави бомазза омода карда шуд. Дар маҷмӯъ кӯмаки он рӯзаи соҳибкор ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ беш аз 60 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.

НАВБАҲОР Сабзаву гул омад аз ноҳияи Навбаҳор, Мешавад оғоз иҷлосияи навбаҳор. Як ғазали тоза гӯ, эй ҳунари ростин, Ҳамравиши об дар қофияи навбаҳор. Соати умри туро мешумарад бехато Чик-чики боронии сонияи навбаҳор. Фикри ҳашар мекунанд боз парастуйҳо, Саҳми якояк бувад саҳмияи навбаҳор. Лола, ки рӯ во намуд, дил бикушо, эй азиз, То ки намонӣ ту дар ҳошияи навбаҳор. Лутф бикун, боғбон, боғ ба булбул бимон, Нек бувад маслаки хайрияи навбаҳор. Обу ҳаво боби парҳез шикастан бувад, Нӯш кун, эй ташна, аз хамрияи навбаҳор. Исми занон ҳусни фарҳанги табиат шавад: Ғунчаву Садбаргу Гул, Нозияи Навбаҳор. Даст бибар ишқро, даст бибур зиштро, Эй ки пазируфтаӣ тарбияи навбаҳор. Манзара орой бо мӯқалами фикри худ, Ин бувадат, шоиро, тавсияи навбаҳор. Нарзуллои АЗИЗИЁН.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.