"Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат ва гӯшаи зебоманзараи Тоҷикистони азизамон буда, бо деҳқонони асил ва мардуми заҳматдӯст, инчунин, боду ҳавои хушу гуворо, боғҳои шаҳдрез ва меъмории ба худ хосаш шуҳрат дорад. Бо донишмандону олимон, шоирону нависандагон, табибон ва хунёгарони машҳури худ Сайфи Исфарангӣ, Мушриф ва Беҳҷати Исфарангӣ, Зебопарӣ ва Умар Ҳофиз, Лутфулло Бузургзода ва дигарон дар ҳақиқат шуҳратёр мебошад." Эмомалӣ РАҲМОН.
Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
№ 6-7 (334-335) // аз 1 апрели соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62
Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат - Исфара"
соб 65 нафар зан ва 5 каси дигар мардон мебошанд. Маоши кормандон вобаста аз мавсими корӣ аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад. Сарвари давлат бо фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба корҳои анҷом додашуда баҳои баланд доданд. Барои коркарди босифати маҳсулоти меваи хушк дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Истеҳсолгарон навъҳои маҳсулоти аз меваи хушк омодагардидаро низ ба намоиш гузоштанд. Сарвари давлат аз маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкорон дидан карда, барои бештар фаро гирифтани бозори дохилӣ ва зиёд намудани истеҳсолоту ба ҳамин васила кам кардани талафоти ҳосили мева дастуру тавсияҳои муфид доданд. Намояндагии корхона дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд ҷойгир буда, аз коргоҳи банду басти меваи хушк ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти худи корхона пешбинӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин дар маҷмӯъ дар ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат-Исфара" ва филиали он дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд 170 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Таъкид шуд, ки дар сурати пешрафти кор имкон аст, ки шумораи кормандон боз ҳам бештар карда шуда, то ба 250 нафар ба фаъолият дар ин коргоҳ ҷалб карда шаванд. Дастгоҳҳои дар Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯ- дератсияи Русия, Қазоқистон, Иттиҳоди ин корхона насбу васлгардида, аз Русия зи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия харидорӣ шудаанд. Маҳсулоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ис- содирот мегардад. Дар коргоҳ 70 нафар корхона ба меъёри талаботи ҷаҳонӣ ҷафара иншооти гуногун мавриди баҳрабар- соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки аз ин ҳи- вобгӯй мебошад. дорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат-Исфара" ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъо- лияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Русия, ки 97 дарсад- ро ташкил медиҳад, бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Маблағи умумӣ барои бунёд ва ба таври пурра ба роҳ мондани фаъолияти ин корхона 3 миллион доллари амрикоӣ, ё худ 24 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат-Исфара" коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти коркардшуда асосан ба Фе-
Пешвои миллат: «Ҳалли муҳимтарин масъалаҳои мардуми Исфара дар мадди назари доимии мост» Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара иброз намуданд, ки ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи мардум дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд. «Хусусан, таъмини иҷрои Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 ба пешрафти минбаъдаи соҳаҳои мухталиф ва хеле беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Ёдовар мешавам, ки ба барномаи мазкур 338 лоиҳа ба маблағи умумии қариб якуним миллиард сомонӣ ворид шудааст. Соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Исфара татбиқи 24 лоиҳа роҳандозӣ гардида, дар натиҷа 32 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 19 миллион сомонӣ зиёд мебошад». Дар суханронии хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Исфара яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон буда, корхонаҳои он дорои имконияту иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ дар соҳаи комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, кимиё, коркарди маъдан, электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд. «Бинобар ин, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, воридоти таҷҳизоти муосири технологӣ, ҷорӣ намудани самтҳои нави истеҳсолот, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, пеш аз ҳама, маҳсулоти содиротӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолият мебошад».