"Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст." Эмомалӣ РАҲМОН.
Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
№ 5 (333) // аз 18 марти соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62
Ифтитоҳи такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд, бо ҳамроҳии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва сардори раёсати Корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд Шариф Назарзода ба шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъи-
ятии №3 ширкат варзид. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин кормандони милитсия, дружинчиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Исфара иштирок доштанд. Вазири корҳои дохилӣ аз ҳуҷраҳои корӣ, шароитҳои муҳайёгардида барои ҳайати шахсии Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз наздик ошноӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Боиси зикр аст, ки дар шафати бинои мазкур Ситоди дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Исфара бо тамоми шароити мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъсис дода шуд, ки ҳамкории мардумро бо мақомоти милитсия боз ҳам қавитар мегардонад. Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Исфараро бахшида ба фарорасии иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод намуд. Қайд гардид, ки дар пеш ҷашни таърихӣ ва қадимаи аҷдодии мо қарор дошта, кормандони милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ ва фаъолони ҷомеаро мебояд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани Наврӯз тамоми тадбирҳоро андешанд. Дар ин ҷода кормандони милитсия баҳри таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бояд аз худ масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар самти пешгирӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳама гуна қонуншиканӣ фаъолияти хизматиро пурзӯр намоянд. Ҳайати шахсии шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ҷавобан ба ин гуфтаҳо изҳор доштанд, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳорату малакаи касбии худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани иди байналмилалии Наврӯз равона намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ва тинҷию амонии кишварро чун гавҳараки чашм ҳимоя хоҳанд кард.
Хизмати ҳарбӣ шараф аст! Камолиддин Мирзобоев аз зумраи он ҷавонписаронест, ки дар мавсими тирамоҳии соли 2016 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Номбурда зодаи шаҳраки Нурафшони шаҳри Исфара буда, айни ҳол дар қисми ҳарбии 02615-и дар ноҳияи Шоҳмансурбуда адои хизмат менамояд. Камолиддин ба рухсатӣ баромада, ба аёдати наздикон омад ва оид ба шароити хизмати сарбозӣ нақл кард. -Хизмати ҳарбӣ, — мегӯяд Камолиддин Мирзобоев, — дар ҳақиқат мактаби шуҷоату мардонагӣ будааст. Бо сарбози Ватан шудан ва ихтиёри хизмат кардан ман барои
худ ҷаҳони навро кушодам. Робитаи дӯстӣ бо зодагони дигар минтақаҳои Тоҷикистон пайдо кардам. Имрӯз дар қатори ман ҷавонон аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон, Суғду шаҳри Душанбе хизмат карда истодаанд. Мо ҳамчун як оила ба ҳам хеле наздикем. Шароити хизмат бошад, хеле хуб аст. Хеле шод ҳастам, ки хизмати аскариро ихтиёр кардам. Ба дигар ҷавонон гуфтаниям, мард ҳамонест, ки қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар адо мекунад. Барои оромиши оилаи худ, модари худ саҳм мегузорад. Саҳмгузории аз ҳама беҳтарини ҷавонон ин хизмат
дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Оҳистахон - модари Камолиддин Мирзобоев шод аст, ки писараш либоси сарбозӣ ба тан дораду хизмати Ватанро сарбаландона иҷро карда истодааст. Аз чунин фарзанд доштан ифтихор дорад.
Баррасии муроҷиатҳои наздисарҳадӣ
Дар маҷмааи хизматрасонии «Ҷаҳони нав» бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, барномаи Рушди СММ дар ҶТ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ва кумитаи замин дар робита бо мавзӯи «Механизми баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои наздисарҳадӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Сароғоз муовини авали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва намояндаи Барномаи рушди СММ дар ҶТ Зумрад Норматова бо баробари зикри аҳамияти муҳокимаи масъала, ба ҳозирин барои ташриф ва омадагӣ ҷиҳати изҳори назар баҳри рафъи мушкилоти мавҷуда арзи ташаккур карданд. Сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҶТ Суҳайлӣ Абдулҳафиззода дар мавзӯи «Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалисозии лоҳиҳаи «Ҳамкории наздисарҳадӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор» маърӯза намуд. Прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол ва сардори шуъбаи 2-юми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара Қосимҷон Насимзода паҳлуҳои ҳуқуқии масъаларо ба риштаи таҳлил кашиданд.
Дар доираи сафари худ ба шаҳри Исфара консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкор ва намояндаи Вазорати корҳои дохилии ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират Владислав Маркевич бо сокинони шаҳр мулоқот намуданд. Дар рафти мулоқот зимни баррасии муносибатҳои судманди ҷонибҳо ривоҷи муносибатҳои дӯстона дар пайгирӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Президенти кишвар, ки зинаи наверо дар ҳамкории ҷонибҳо дар минтақа мекушоянд ва заминагузори рушди фарҳангу тамаддуни
Мулоқоти Консули ФР инсонпарварию дӯстӣ мебошанд, таъкид гардид. Зимни мулоқот инчунин ба масоили амалигашти Барномаи кӯчонидани ҳамватанаон дахл карда шуд, паҳлуҳои гуногуни ин лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ширкатдорони мулоқот ба саволҳои сершумори худ оиди ин масъала аз меҳмонон посухҳои мушаххас гирифтанд.