Имруз 4 2017

Page 1

«Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.»

Имрӯз

Эмомалӣ РАҲМОН.

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 4 (332) // аз 10 марти соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ:

Матбуот дар таъмини амният нақши калидӣ дорад!

Муҳтарам аҳли қалам, кормандони васоити ахбори умум. Рӯзи матбуоти тоҷик ба рӯзи таъсисёбӣ ва нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» иртиботу асос дорад, ки аз он рӯйдоди муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо аллакай 105 сол сипарӣ гардидааст. Таърихи матбуоти тоҷик бар он аст, ки 85 сол қабл аз ин дар шаҳри Исфара низ аввалин шумораи рӯзномаи «Коммунисти Исфара» чоп шудаааст ва хушбахтона, қатъи назар аз мушкиливу муаммоҳои айём ва таҳаввулоти сиёсиву маънавии ҷомеа то ба имрӯз бо номи «Насими Исфара» мунтазам ба табъ мерасад. Мавриди ёдоварист, ки нахустмуҳаррири рӯзномаи «Коммунисти Исфара» И. Асомиддинов буданд ва солиёни баъдӣ Ӯ. Сиддиқов, С. Абдуллоев, А. Атохонов, Т. Иброҳимов, Ғ. Муллоев, Н. Бобоев, Л. Камолиддинов, М. Пӯлодов, С. Махкамов сарварии онро ба зимма доштанд. Идораи ин рӯзномаи маъруф воқеан ҳам даргоҳи муқаддас ва бо маънои аслиаш боргоҳи сухан аст, зеро адибони маъруфе чун Лутфӣ ва Шафқат Саидовҳо, Абдусалом Атобоев, , Ибодулло Файзуллоев, Насрулло Аса-

дуллоев, Бобоҷон Икромов, Додохони Эгамзод, Абдусамеи Қудсӣ, Нарзуллои Азизиён ва Исматуллои Абдулло, инчунин кулли рӯзноманигорони барӯманди зодаи Исфарамарз - Бобо Расулзода, Ортиқбой Қурбонов, Ҳошим Бобоҷонов, Муқим Абдураҳмонов, Абдумаҷид Тӯлаков, Абдуҳамид Ваҳҳобов, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Нусратулло Неъматов, Нозимҷон Бобоев, Бобоҷон Наврӯз, Болтахӯҷа Саидшоев, Собири Рустам, Мухтори Абдулло ва даҳҳо шахсиятҳои соҳибистеъдоди дигар парвардаи мактаби эҷодии ин рӯзнома ҳастанд. Бино бар ақидаи коршиносон матбуоти Исфара маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ташаккулу такомул ёфта, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма ҳамчун яке аз нишо-

наҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ таъмин гардидааст. Дар замони истиқлол матбуоти даврӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Насими Исфара» аз ҷиҳати сатҳу сифати интишор, доманаи мавзӯот, шаклу шеваи нигориш, тарзи муносибат ба воқеиёти иҷтимоӣ тадриҷан пеш рафт. Масъулияти сармуҳарририи рӯзномаро айни замон журналисти варзида Абдумуталиб Шарифов бо диду назару амали тоза, соҳибтадбиронаю муваффақона ба ҷо меорад. Аҳли эҷоди нашрия Субҳиддин Сайфиддинов, Набиҷон Худойбердиев ва Владимир Мартиненко саъю кӯшиш бар он доранд, ки рӯзнома талаботи хонандагонро ҷиҳати инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар қонеъ гардонад, аз ҷиҳати мундариҷаву муҳтаво ва ҳам шаклу ороиш ҷавобгӯи талабот бошад.

Ҷойизи зикр аст, ки 10 сол инҷониб нашрияи ҷамъиятию сиёсии «Имрӯз» низ ҷиҳати инъикоси ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳр саҳми муносиби худро мегузорад ва дар байни хонандагони сершумор маҳбубияти хосса пайдо намудааст. Муассисону аҳли эҷоди ин нашрияи хусусӣ манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз манфиати хеш боло гузоштаанд ва ҷиҳати таблиғу ташвиқи иқдомҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ва шаҳр пайваста мусоидат менамояд. Дар ин миён нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-маҷаллаи адабиву фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсии “Ганҷи Исфара”, рӯзномаҳои “Хазинаи маърифат” ва “Навиди донишгоҳ” низ дар пурра кардани фазои иттилоотӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамчунон бояд гуфт, ки Маркази алоқаи почтаи шаҳри Исфара маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрии моро саривақт дастраси хонандагон карда истодааст. Дӯстони азиз. Ҳамаи шумо хуб медонед, ки асри XXI асри иттилоот аст. Агар дар асри гузашта мегуфтанд, ки касе сармоя дорад, ӯ ҷаҳонро идора мекунад, дар замони имрӯз нафареро қудратманд меҳисобанд, ки иттилооти тоза, саҳеҳ ва саривақтӣ дошта бошад. (Давомаш дар саҳ.2).

Дар чопи хушсифати "Имрӯз" бошад, кормандони матбааи ба номи Набӣ Фахрии шаҳри Конибодом таҳти сарварии Ҳусейнҷон “Ганҷи Исфара”, медиахолдинги Қаҳҳоров саҳм мегузоранд. тоҷикии “Тоҷинфо”, рӯзномаи Биноан аз фурсат истифода бур“Тоҷикони Россия” дар пешбурди да, ба ҳамаи онҳое, ки мудом дастфаъолияти ҳафтавори “Имрӯз” ва гири мо ҳастанд, хонандагонамоҷолиб гаштани маводҳои он саҳми нанд ва муштариёни рӯзномаамон босазое гузоштанд ва боварӣ до- мебошанду бо мо ҳамкорӣ доранд, рем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои арзи сипос менамоям. судманд идома хоҳанд ёфт. Умедворам, даҳсолаҳои дигарро Албатта саҳми Маркази алоқаи низ ҳамроҳ пешвоз хоҳем гирифт. почтаи шаҳри Исфара дар симои сарвари он Саҳобахон Ҳусейнова Бо эҳтироми бепоён бобати дастрасии саривақтии рӯзЭгамзод Муртазо Машрафӣ, номаамон ба Шумо, хонандагони сармуҳаррири муҳтарам, басо калон аст. ҳафтавори "Имрӯз".

"Имрӯз" бо Шумост, Шумо низ бо "Имрӯз" бошед! Хонандагони азиз! Инак, мо дар остонаи таҷлили 10-солагии рӯзномаамон истодаем. Шояд ин даҳ сол дар масири таърих муддати дарозе набошад, аммо дар ум ри васоити ахбори умум, ба хусус чопии он фосилаи тақдирсоз ва пур аз фарозу нишебҳост. Дар ин санаи фархунда истода бори дигар назар андохтан ба гузашта, ба рӯзҳои нахустини чопи рӯзнома, шумораҳои аввали он моро сарбаланд мегардонад. Шод

менамояд, ки бо ҳамроҳии Шумо, хонандагони иззатманд, дастгирии мунтазами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрамон бо сарварии раиси шаҳр муҳтарам Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, роҳбарияти созмони шаҳрии Иттифоқи журналистону рӯзномаи “Насими Исфара” Абдумуталиб Шарифов мо ба ин санаи муборак расидем. Инчунин дар тӯли фаъолияти даҳсолаи мо ҳамкоронамон телевизион ва радиои Исфара, маҷаллаи

Ба таъсисёбии ҳафтавори "Имрӯз" 10 сол пур шуд!


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Имруз 4 2017 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu