Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
№ 3 (349) // аз 16 феврали соли 2018 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин намудани Саломзода С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе 9 феврали соли 2018, №1013.
Маросими муаррифӣ Таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони шаҳр доир шуд. Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят ҳозиринро бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод намудани Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шудани Саломзода Сиҷоуддин шинос ва ба собиқ раиси шаҳр барои фаъолияташ арзи сипос кард. Дар навбати худ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба мардум ва фаъолони шаҳру деҳоти Исфара барои меҳнати якҷояи пурмаҳсул ва ба роҳбарони ҷумҳуриявию вилоят барои дастгириашон миннатдорӣ изҳор намуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин барои эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ташаккур гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки дар якҷоягӣ бо фаъолон ва мардуми шарифи диёр дар самти шукуфоии боз ҳам бештари Исфара саҳм хоҳад гузошт. Аз номи фаъолон раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Ҷамолиддин Нуриддинов ба сухан баромада, иҷрокунандагони вазифаҳои раисони вилоят ва шаҳрро барои таъин шудан ба вазифаҳои пурмасъул сидқан муборакбод намуд ва барояшон дар иҷрои рисолати бар дӯшашон вогузоргардида муваффақияту пирӯзиҳо таманно кард. Ҳамзамон ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ барои фаъолияти пурмаҳсул изҳори ташаккур намуд. Дар рафти ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро таҳлил намуда, масъулинро вазифадор кард, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли равон тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ин радиф таваҷҷуҳи фаъолон ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, ба рушди соҳаи саноат, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самаранок аз иқтидорҳои мавҷуда, ба шаҳри содиркунандаи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ табдил додани Исфара ва ҷамъоварии маблағҳои об ва барқи истифодашуда ҷалб карда шуд. Ҳамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар назди масъулин вазифагузорӣ сурат гирифт.
Мулоқот бо ҳокими ноҳияи Ботканд Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ҳокими ноҳияи Ботканд Салихов Кенеш ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот Саломзода Сиҷоуддин аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавӣ — КАСА-1000, ки бозорҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, муҳимму арзишманд ва таҳкимбахшандаи минбаъдаи робитаҳо миёни ин ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд. Шаҳрдори Исфара ҳамчунин афзуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои рушди муносиботи дӯстӣ, ҳамзистии осоиштаи сокинон ва тақвияти ҳамкориҳои тарафайн бо ҳукумати ноҳияи Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бо 74 нафар мӯйсафедони рӯзгордида ва собиқадорони ҷангу меҳнат мулоқот кард. Дар раванди мулоқот арбоби намоёни давлативу ҷамъиятӣ Савриддинова Гулафзо, собиқадорони меҳнат Шералӣ Миристоев, Абдусамад Шомирсаидов ва адиб Додохони Эгамзод суханронӣ намуда, ҳамзамон бо муборакбодӣ ва изҳори таманниёти нек ба раиси тозатаъини шаҳр Саломзода Сиҷоуддин, фикру ақида ва таклифу пешниҳодоти хешро вобаста ба роҳҳои таъмини пешрафту тараққиёти Исфара баён карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои эҳёи дубораи шуҳрати Исфара ҳамчун минтақаи аз лиҳози саноатӣ пешрафта, бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, роҳандозии иқдомот барои сохтмони хати
Ботканд ҳамеша омода аст. Ҳокими ноҳияи Ботканд Салихов Кенеш ба роҳбарияти шаҳр барои қабули гарму самимӣ изҳори сипос карда, Саломзода Сиҷоуддинро ҷиҳати ба вазифаи пурмасъули раиси шаҳри Исфара таъин гаштанаш самимона табрик гуфт ва дар кору фаъолияти минбаъдааш комёбиву муваффақият таманно кард. Таъкид карда шуд, ки мардуми тоҷику қирғиз тули қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ дар як сарзамин зиндагонӣ доштанд, имрӯз ҳам аз як дарё об менӯшанд, аз як ҳаво нафас мекашанд ва бояд, ки минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагонро идома бахшанд.
Зимни мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Ботканд Салихов Кенеш бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, аз ҷумла байни мақомоти корҳои дохилӣ ва хадамоти сарҳадии ҳар ду ҷониб, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи дӯстиву рафоқат, ҳамзистии осоишта, ширкати намояндагони расмии тарафайн дар ҷашну маросимҳои милливу давлатӣ, инчунин ташкилу баргузорнамоии чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ таъкид намуданд. Дар раванди мулоқот сардорони мақомоти корҳои дохилӣ, хадамоти сарҳадӣ ва дигар масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳар ду ҷониб, инчунин намояндаи ваколатдори вилояти Суғд дар вилояти Ботканд Эсанов Ғиёсиддин ширкат доштанд.
осори шоири классики тоҷику форс Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ, бунёди гулгашт ва гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзона ва бузургмардони диёр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстиву ватандории насли ҷавони ҷомеа, пешгирии гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифртгарову фарҳанги бегона ва амсоли ин мавриди гуфтугузори ҳозирин қарор ёфтанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо арзи эҳтиром аз пирони рӯзгордида хоҳиш намуд, то дар ҳама ҷода раҳнамову ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба рӯзгори неку шоиста, амалҳои писандиоби худҷории «Сурх –Моҳпарӣ» ёҷмандии шаҳрвандон бо қитъаи да, иқдомоти созандаю бунёдва дар ин замина тақвиятбах- замини наздиҳавлигӣ ва бунёди корона ва одобу ахлоқи ҳамида шии кор дар самти азхудкунии маҳаллҳои нави аҳолинишин, бошанд. заминҳои ташналаби мавзеи ташкили ҳамоишҳои илмию Моҳпарӣ, ҳалли масъалаи эҳти- адабӣ бахшида ба арзишмандии
Шаҳрдори нав бо дуою таманноҳои пирони барнодил кор оғоз кард
Барои дарёфти захираҳои андозбандӣ Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар раванди ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ба муовини соҳавии худ оид ба иқтисодиёту саноат, ба роҳбарони раёсати молия ва нозироти андози шаҳр дастури қатъӣ дод. Шаҳрдори Исфара ҳамзамон бо таҳлили амиқу воқеъбинонаи вазъи молиявию иқтисодӣ, мушкилот ва сабабу омилҳои асосии иҷро нагардидани буҷети давлатӣ, ба хотири минбаъд халалдор насохтани фаъолияти андозсупорандагон талаби пешпардохт кардани маблағи андозро манъ намуд. Зеро, бино бар таъкиди ӯ яке аз монеаи асосии пешрафти истеҳсолоту тиҷорат, хизматрасониҳо ва рушди соҳибкорӣ, инчунин нокифоягии маблағҳои гардишӣ
дар ихтиёри хоҷагидорон, маҳз пешакӣ ситонидани андоз маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, масъулини сохторҳои дахлдор барои риояи муқаррароти қонунгузории марбута, таъмини шаффофияти кор дар самти ҷамъоварии андоз, истифодаи сарчашмаҳои мавҷуда ва дарёфти захираҳои дигари қонунии андозбандӣ вазифадор карда шуданд. Сарварони як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр, аз ҷумла ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ», Ҷамъияти муштараки «Петролеум Суғд», Корхонаи сементбарории Исфара, ки ташаккулдиҳандагони асосии буҷет маҳсуб меёбанд, инчунин соҳибкороне, ки дар самти истеҳсолот фаъолият мебаранд, дар раванди ҷаласа аз ин иқдоми дурандешонаи раиси шаҳр изҳори қаноатмандӣ карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳамзамон ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибмулкони корхонаҳои истеҳсолӣ дастур дод, ки ҷавобан ба ин иқдом, қатъи назар аз шакли моликияташон барои истифодаи ҳарчӣ бештари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, роҳандозии самтҳои нави фаъолият ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот амалан корбарию мусоидат намоянд. Дар раванди ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ҳамчунон вазъи воқеии соҳаи кишоварзӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Раиси шаҳр зимнан аз ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ ва рафти мавсими ниҳолшинонӣ изҳори нигаронӣ карда,
масъулинро барои чораҷӯӣ ва дар муҳлати камтарин ба анҷом расонидани яхобмонӣ ва шӯршӯии заминҳо, муташаккилонаю босамар гузаронидани мавсими ниҳолшинонӣ ва киштукори баҳорӣ, омодасозии шабакаҳои обрасонӣ, тоза намудани каналу ҷӯйборҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии чорвордорӣ ва таъмини рушди соҳаи паррандапарварӣ мушаххасан вазифадор намуд. Бояд тазаккур дод, ки баҳори соли равон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара на кам аз 100 гектар боғи нав бунёд ва дар масоҳати 200 гектар боғҳои куҳнаю бесамар аз нав барқарор карда мешаванд. Дар раванди ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳр ҳамчунон дигар масъалаҳои муҳиму иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Маркази матбуотии раиси шаҳр.