Имруз 3 2017

Page 1

«Бузургони мо фасли баҳорро ба арӯси нозанини сол ташбеҳ кардаанд. Бешубҳа, вақте ки гулу гиёҳ ва сабза ҷони тоза мегирад ва ҷаҳон бо рангу бӯи нав зинда мегардад, ба ибораи дигар фурӯғи гармии ҷонбахши хуршед бо ишқ ва муҳаббат сиришта мешавад ва дар натиҷа ҳама мавҷудоти олам ба ҷунбиш омада, ба ҳаёт умри дубора мебахшад, ҷашни Наврӯз бо шукуҳи тамом оғоз мегардад.» Эмомалӣ РАҲМОН.

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 3 (331) // аз 25 феврали соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62

Таҷлили ҷашни ҳомиёни Ватан Дар Кохи фарҳанги шаҳр а ба муносибати 24-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукуҳе баргузор гардид. Дар вазъи тантанавӣ ба толор Парчами Тоҷикистон

дароварда шуда, Суруди миллӣ садо дод. Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷаббори иштирокдорони тантана, сарбозону афсарон ва кулли мардуми шарифи Исфараро бо ин санаи муҳим

Гӯштин дар Шаҳрак

Бо иқдоми ҷамоати деҳоти Шаҳрак дар доираи нақшаву чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва ба ифтихори рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон дар мавзеи Сурхии ҷамоати деҳоти Шаҳрак мусо-

самимона табрик карда, аз нақши пурарзиши ҳомиёни Ватан дар ҳифзи сулҳу субот ва марзу буми кишвар ёдовар гашт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу-

биқа оид ба гӯштини тарзи камарбандӣ байни ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара доир карда шуд. Дар қувваозмоии мазкур беш аз 180 нафар варзишгарон аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Ворух ва Шаҳраку маркази шаҳр ширкат варзиданду баромади онҳоро беш аз 1500 нафар тамошобинон ҳаводорӣ намуданд. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Субҳиддин Шарофов дар маросими ифтитоҳи расмии мусобиқа ҷавононро ба дӯстдории Ватан, дифоъ аз фазои осудаву ороми кишвар, Ваҳдати миллӣ ва адои саривақтии хизмати Ватан – Модар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ даъват намуд. Дар ҷараёни чорабинӣ раиси ҷамоати деҳоти Шаҳрак Давлатҷон Бобоев бо баробари ғолибон ба волидайни 5 нафар сарбозони Артиши миллӣ, ки дар айни замон сарбаландона қарзи шаҳрвандии худро адо мекунанд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим дошт.

рии Тоҷикистон тайи 24 соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд. Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд. Бо ғамхориҳои пайваста айни замон Артиши миллӣ қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст.

Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерӯи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад. Раиси шаҳр ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург мегузоранд. Сипас зери оҳанги ҳарбии мутантан Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба беҳтарин сарбозону афсарон ва фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид. Барномаи консертии муштараки сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва ҳунарпешагони бахши фарҳанги шаҳр анҷомбахши тантана гардид.

Мулоқоти прокурор дар Нурафшон

Дар шаҳраки Нурафшон мулоқоти прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, сарварони муассисаҳои ҳудуди ҷамоат доир гардид. Мулоқотро раиси ҷамоат Эгамзод Муртазо Машрафӣ оғоз бахшида, ҳадаф ва мақсади мулоқотро шаҳр дод. Баъдан прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол бобати нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод. Масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ паҳлуи дигари баромади прокурори шаҳр буд.

Номбурда аз ҷумла хоҳиш намуд, ки баҳри пешгирии терроризм ва экстремизм омӯзгорони муассисаҳо дар оғози дарс оиди одоб ва ахлоқи хонандагон, худогоҳӣ, муҳаббат ба Ватан, оид ба Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлолият гуфта гузаранд, ки ин натиҷаи хуб медод. Ҷавонон бояд дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд, илмҳои муосирро, забонҳои хориҷиро омӯзанд, дастовардҳои истиқлолиятро, Ватани азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Мулоқот дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум доир гашт.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.